Википедиа
tgwiki
https://tg.wikipedia.org/wiki/%D0%A1%D0%B0%D2%B3%D0%B8%D1%84%D0%B0%D0%B8_%D0%B0%D1%81%D0%BB%D3%A3
MediaWiki 1.47.0-wmf.12
first-letter
Медиа
Вижа
Баҳс
Корбар
Баҳси корбар
Википедиа
Баҳси Википедиа
Акс
Баҳси акс
Медиавики
Баҳси медиавики
Шаблон
Баҳси шаблон
Роҳнамо
Баҳси роҳнамо
Гурӯҳ
Баҳси гурӯҳ
Портал
Баҳси портал
Лоиҳа
Баҳси Лоиҳа
TimedText
TimedText talk
Модул
Баҳси Модул
Event
Event talk
Ноҳияи Ванҷ
0
8504
1482008
1481942
2026-07-25T17:08:39Z
Firdavsi
3353
1482008
wikitext
text/x-wiki
{{ВМ
| Ранг1 = #A5D570
| Номи тоҷикӣ =
| Номи аслӣ = Ноҳияи Ванҷ
| Нишон =
| Парчам =
| Бари нишон =
| Бари парчам =
| Тавсифи нишон =
| Тавсифи парчам =
| Кишвар = [[Тоҷикистон]]
| lat_dir = N
| lat_deg = 38
| lat_min = 22
| lat_sec = 23
| lon_dir = E
| lon_deg = 71
| lon_min = 27
| lon_sec = 19
| region = TJ
| type = District
| Дараҷа =
| CoordScale =
| Суруди миллӣ =
| Мақом = Ноҳияи маъмурӣ
| Тобеъи = [[Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]]
| Шомили = 1 шаҳрак, 6 ҷамоат
| Пойтахт = [[Ванҷ (шаҳрак)|Ванҷ]]
| Шаҳри бузургтарин =
| Шаҳрҳои бузургтарин =
| Таъсис = [[29 май|29 маи]] [[1933]]
| Барҳамхӯрӣ =
| Номҳои пешина =
| Раис = Мардзода Одинашо Миршаб (аз 2022)<ref>{{Cite web|url=http://www.adlia.tj/show_doc.fwx?Rgn=143911|title=Указ Президента Республики Таджикистан от 1 декабря 2022 года №480 "О назначении Мардзода О.М. председателем Ванчского района Горно-Бадахшанской автономной области"|website=www.adlia.tj|accessdate=2023-01-04|archivedate=2024-12-09|archiveurl=https://web.archive.org/web/20241209162237/http://adlia.tj/show_doc.fwx?Rgn=143911}}</ref>
| Шакли роҳбарӣ = Раиси ноҳия
| Раис2 =
| Шакли роҳбарӣ2 =
| Раис3 =
| Шакли роҳбарӣ3 =
| ММД =
| Соли ММД =
| Ҷой аз рӯи ММД =
| ММД ба сари аҳолӣ =
| Ҷой аз рӯи ММД ба сари аҳолӣ =
| Забон =
| Забонҳо = [[Забони тоҷикӣ|тоҷикӣ]], [[Забонҳои бадахшонӣ]] — [[Забони язғуломӣ|язғуломӣ]]
| Аҳолӣ = 35 400
| Соли барӯйхатгирӣ = 2024
| Фоиз аз аҳолӣ = 4,8
| Ҷой аз рӯи аҳолӣ =
| Баҳодиҳии аҳолӣ =
| Соли баҳодиҳӣ =
| Зичӣ = 7,7
| Ҷой аз рӯи зичӣ =
| Ҳайати миллӣ = [[тоҷик]]он
| Ҳайати динӣ = [[мусулмон]], [[суннӣ]], мазҳаби [[ҳанафӣ]]
| Масоҳат = 4430,5
| Фоиз аз масоҳат =
| Ҷой аз рӯи масоҳат =
| Баландии бештарин = 7495
| Баландии миёна = 3000
| Баландии камтарин =
| Харита = Vanj District in Tajikistan.svg
| Андозаи харита =
| Харита2 =
| Минтақаи замонӣ = UTC+5
| Сарвожа = VA
| ISO = TJ.BK.VA
| Шиносаи ададӣ =
| Шакли шиноса =
| Шиносаи ададӣ2 =
| Шакли шиноса2 =
| Шиносаи ададӣ3 =
| Шакли шиноса3 =
| FIPS =
| Коди телефон = +992 3551
| Нишонаи почта = 736300
| Домени интернет = tj
| Коди мошинҳо = 04 TJ
| Вебгоҳ = [[www.vanjiman.com]]
| Гурӯҳ дар Commons = Vanj District
| Эзоҳ =
}}'''Ноҳияи Ванҷ''' (форсӣ: ناحیۀ ونج) --- минтақаи таърихӣ ва яке аз [[Ноҳия|ноҳияҳои]] [[Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]], воқеъ дар шимолу ғарби вилоят, дар шарқи Ҷумҳурии [[Тоҷикистон]]. Масоҳаташ 4430,5 км² буда, тибқи омори соли '''2024''' аҳолияш 35 400 нафарро ташкил медиҳад (зичии аҳолӣ тақрибан 8 нафар дар 1 км²). Ҳамчун воҳиди расмии маъмурию ҳудудӣ '''29 майи 1933''' таъсис ёфтааст.<ref name="vanchraion2">[https://dic.academic.ru/dic.nsf/ruwiki/1287410 Ванджский район] (рус.) // Словари и энциклопедии на Академике (нусхаи мақолаи Википедиаи русӣ, 2010). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Маркази ноҳия шаҳраки [[Рохарв]] (форсӣ: راخرو) аст, ки расман шаҳраки Ванҷ ном дошта, дар харитаҳо низ чунин сабт мешавад, вале дар забони мардум то имрӯз бо номи бостонии худ --- Рохарв ёд мегардад; шаҳрак 176 км шимолтар аз шаҳри [[Хоруғ]], дар канораи резишгоҳи рӯди Рохарвоб ба Ванҷоб ҷой дорад.<ref name="vanchraion2" /><ref name="pirumshoev-web2">[https://vanj.info/%D0%B2%D0%B0%D0%BD%D2%B7-%D0%BC%D0%B0%D1%8A%D0%BB%D1%83%D0%BC%D0%BE%D1%82%D0%B8-%D2%B7%D1%83%D2%93%D1%80%D0%BE%D1%84%D3%A3/ Ванҷ. Маълумоти ҷуғрофӣ] (порча аз китоби Ҳ. Пирумшоев «Ванҷи ман») // Торнамои Ванҷ (vanj.info). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="badakhshon-vanj2">[http://badakhshon.tj/?page_id=11224 н. Ванҷ (www.vanj.tj)] // Сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Тибқи анъанаи маҳаллӣ, тамоми рустоҳоеро, ки аз деҳаи Бунай болотар воқеъанд, «Ванҷи Боло» меноманд; водиҳои поёниро бошад, на «Ванҷи Поён», балки бо номҳои таърихии худашон --- Язғулом, Водхуд ва Пшихарв --- ёд мекунанд.<ref name="pirumshoev-web2" /> Дигар шӯроҳои русто, мисли Водхуд, Язғулом, Рованд ва Техарв, ки фарогири чандин деҳаанд, то кунун номҳои таърихии худро нигоҳ доштаанд. Шӯрои рустои Рохарв дар ҳоли ҳозир чун ҷамоати ба номи Маҳмадулло Абдуллоев<ref name="khovar-ubari22">[https://khovar.tj/2025/06/peshvoi-millat-emomal-ra-mon-dar-no-iyai-van-tolori-varzishiro-iftito-namudand/ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ толори варзиширо ифтитоҳ намуданд] // АМИТ «Ховар», 25 июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> ва шӯрои рустои Жовид феълан дар шакли ҷамоати Ҷовидон номгузорӣ шудаанд.
Қабл аз вуруди Артиши Сурх ба Ванҷ ва истиқрори низоми шӯравӣ, маркази идории амлокдории Ванҷ дар шаҳраки Рохарв, дар «Қалъаи Ванҷ» ё «Қалъаи Рохарви Ванҷ» қарор дошт, ки ҳам қароргоҳи мири Ванҷ ва ҳам маҳалли будубоши гурӯҳаки маҳдуди сипоҳи манғитиён будааст.<ref name="mushketov2">Мушкетов Д. И. Рохарв (Кала-и Ванч) // Известия Русского географического общества. --- Т. 52. --- 1916.</ref>
Дарёҳои бузургтарини ноҳия --- Ванҷоб, [[Язғулом (дарё|Язғулом]]) ва [[Панҷ (рӯд|Панҷ]]) мебошанд. Ду соҳили дарёи Ванҷоб бо дарозии зиёда аз 100 км бахши умдаи ноҳияро ташкил медиҳад.
== Номшиносӣ ==
Дар сарчашмаҳои русӣ ва адабиёти даврони шӯравӣ номи ноҳия дар шаклҳои «Ванч» ва «Вандж» омадааст, ки гунаи русишудаи ҷойноми тоҷикии Ванҷ мебошад.<ref name="badakhshon-vanj2" />
Дар боби решаи ин ном ақидаҳо мухталифанд. Донишманди тоҷик Гулшанӣ дар китобаш «Таърихи ҳумоюн», ки соли 1328 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо '''1910''' милодӣ навиштааст, онро табдилёфтаи номи дарёи Панҷ шумурда, дар бораи диёри Ванҷ мегӯяд:
Қасабаи Ванҷ ба тарафи шарқии Дарвоз, ба таҳти ақабаи Боми Дунё воқеъ аст ва дар он ҷониб манбаи дарёи Омӯя ва Ҷайҳун ва онро Чашмаи Панҷ мегӯянд, аз қуллаи шомихи кӯҳи Боми Дунё набаъон менамоянд. Аз андак масофат, панҷ чашма ба як ҷо ҷамъ мешавад ва ғарбан ҷараён менамояд ва онро чашмаи Панҷ мегӯянд ва он қасабаро Ванҷ меноманд, ки он муҳаррафи Панҷ аст. Оби аввали наҳри Ҷайҳун ҳамин аст.<ref name="gulshani22">Гулшанӣ. Таърихи ҳумоюн. --- Душанбе, 2006. --- С. 157.</ref>
Тадқиқоти забоншиносии баъдина ин ривояти халқиро тасдиқ намекунад. Эроншиноси маъруф Д. И. Эделман дар пажӯҳиши бунёдии худ «Географические названия Памира» («Номҳои ҷуғрофии Помир»), ки соли '''1975''' дар маҷмуаи «Страны и народы Востока» ба чоп расидааст, решаи вожаи «Ванҷ»-ро мушаххасан шарҳ намедиҳад, балки онро номи аслии худи водӣ мешуморад, ки номи дарёи Ванҷов (Ванҷ + «об») низ аз он гирифта шудааст.<ref name="edelman197522">Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. --- М.: Наука (ГРВЛ), 1975. --- С. 41--62.</ref> Тибқи мушоҳидаи ӯ, ҳамсоягони язғуломизабони ин водӣ онро на «Ванҷ», балки «Вауз» меноманд, ки ин худ далели дигаре бар куҳансолии эҳтимолии ин ном аст.<ref name="edelman197522" /> Забони куҳани ванҷии аз байнрафта, ки сокинони маҳаллӣ то охири асри XIX бад-он сухан мегуфтанд, худро «vanǰivor» меномид,<ref name="lashkarbekov200822">Лашкарбеков Б. Б. Старованджский язык (vanǰivor) // Основы иранского языкознания: Среднеиранские и новоиранские языки / под ред. В. А. Ефимова. --- М.: Восточная литература, 2008. --- С. 61--109.</ref> вале дар адабиёти дастрас пажӯҳише, ки решаи номи «Ванҷ»-ро аз вожаҳои ҳамин забон ба даст оварда бошад, ёфт нашуд. Дар маҷмуъ, Эделман хулоса мебарорад, ки аксари номҳои ҷуғрофии Помири Ғарбию Ҷанубӣ бо ёрии забонҳои имрӯза шарҳнопазиранд, ки ин аз куҳансолии онҳо гувоҳӣ дода, эҳтимоли тааллуқи баъзеи онҳоро ба забонҳои пешин (субстратӣ) нишон медиҳад.<ref name="edelman197522" />
Бинобар ин, то имрӯз дар илми забоншиносии эронӣ решашиносии қатъӣ ва ба таври васеъ пазируфташудаи вожаи «Ванҷ» пешниҳод нашудааст: ривояти Гулшанӣ дар боло намунаи анъанаи омиёна-таърихии маҳаллист, на натиҷаи таҳлили илмии забонӣ. Мутахассисони соҳа бошанд, ин номро қадимӣ мешуморанд ва эҳтимол медиҳанд, ки он ба давраи пеш аз паҳншавии забони тоҷикӣ дар ин минтақа тааллуқ дошта бошад, бидуни он ки то ба ҳол решаи дақиқи онро муайян карда бошанд.
Номи Ванҷ соли '''2023''' ба бузургтарин лозури Помир низ гузошта шуд: '''31 июли соли 2023''' бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лозури Федченко расман [[Лозури Федченко|Ванҷях]] номгузорӣ гардид, ки ин ном аз ибораи «яхи Ванҷ» бармеояд.<ref name="khovar-vanjyakh2">[https://khovar.tj/rus/2024/06/lednik-vandzhyah-odin-iz-samyh-bolshih-lednikov-tadzhikistana-i-gornyh-sistem-mira/ Ледник Ванджях -- один из самых больших ледников Таджикистана и горных систем мира] (рус.) // НИАТ «Ховар», 9 июни 2024. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="ozodi-vanjyakh22">[https://rus.azathabar.com/a/smi-krupneyshiy-na-pamire-lednik-fedchenko-pereimenovan-v-vandzhyah-/32555839.html СМИ: крупнейший на Памире ледник Федченко переименован в «Ванджях»] (рус.) // Радиои Озодӣ, 20 августи 2023. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Ҷойгоҳ ==
Ноҳияи Ванҷ бо сарзамини 4430,5 км² дар миёни қаторкӯҳҳои [[Қаторкӯҳи Дарвоз|Дарвоз]] ва [[Қаторкӯҳи Язғулом|Язғулом]] воқеъ аст. Дар шимол бо ноҳияи Сангвор (Тавилдараи пешин), дар шарқ бо [[ноҳияи Мурғоб]], дар ҷануб бо [[ноҳияи Рӯшон]], дар ғарб бо [[Ноҳияи Дарвоз|ноҳияи Дарвози]] Тоҷикистон ва дар ҷанубу ғарб, аз тариқи рӯди Панҷ, бо ноҳияи Дарвози [[Вилояти Бадахшон|вилояти Бадахшони]] [[Афғонистон]] ҳаммарз мебошад.<ref name="vanchraion2" /> Марзи шарқии ноҳияро [[қаторкӯҳи Академияи илмҳо]] ташкил медиҳад.<ref name="enwiki-map22">Republic of Tajikistan, map showing administrative division as of January 1, 2004, «Tojikkoinot» Cartographic Press, Dushanbe.</ref>
Аз шимолу шарқи ноҳия ба ҷанубу ғарби он рӯдҳои [[Ванҷ (дарё|Ванҷ]]) ва Язғулом ҷорӣ мешаванд, ки ба рӯди Панҷ мерезанд. Сарзамини ноҳия ду водии нисбатан васеи Бадахшонро дар бар мегирад. Яке аз онҳо дараи рӯди Ванҷ аст, ки беш аз 150 км дарозо дорад ва аз лозурҳои Ҷамъияти ҷуғрофӣ, Хирсон ва Абдуқаҳҳор оғоз мегирад. Водии дигар дараи рӯди Язғулом аст, ки дар миёни қаторкӯҳҳои Язғулому Рӯшон ҷой гирифтааст. Ин ду водиро аз ҳамдигар қаторкӯҳи Ванҷ ҷудо мекунад.<ref name="enwiki-map22" /> Баландии маҳал аз сатҳи дарё аз 1500 то 5000 метр мебошад.
Дарёи Ванҷ (Ванҷоб) 103 км дарозӣ ва 2070 км² ҳавзаи обғундорӣ дорад. Он аз ҳамроҳшавии ду шохоб падид меояд: яке аз лозурҳои нишебии шимолии қаторкӯҳи Ванҷ сарчашма мегирад, дигаре бошад --- аз нишебиҳои ғарбии қаторкӯҳи Академияи илмҳо. То резишгоҳи шохоби Кашолаях худи дарё номи Абдуқаҳҳор (Абдукагор)-ро дорад; танҳо пас аз ҳамроҳ шудан бо ин шохоб он ба номи Ванҷоб мубаддал мегардад. Сарфи миёнаи солонаи об дар резишгоҳи дарё 49,4 м³/с аст.<ref name="bse-vanch22">[https://www.booksite.ru/fulltext/1/001/008/003/192.htm Ванч] (рус.) // Большая советская энциклопедия. --- 3-е изд. --- М.: Советская энциклопедия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дарёи Язғулом 80 км тӯл кашида, масоҳати ҳавзаи он 1970 км²-ро ташкил медиҳад; қисми болоии он то ҳамроҳшавии дарёи Ракзов Мазордара номида мешавад, сарфи миёнаи об дар поёноби дарё 36,2 м³/с буда, ғизои дарёҳои ноҳия асосан барфию лозурист ва сермобтарин моҳ июл аст.<ref name="yazgulem-river22">[https://waterresources.ru/reki/yazgulem/ Язгулем] (рус.) // Water Resources (бар пояи маълумотномаи «Ресурсы поверхностных вод СССР», 1971). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Ванҷ дар соҳили яке аз шохобҳои бузурги рости дарёи Панҷ (болооби Ому), ки бо номи Ванҷоб маъруф аст, ҷой гирифтааст. Масофа аз маркази ноҳия то шаҳри Хоруғ 176 км ва то шаҳри [[Душанбе]] 387 км аст.
Тавсифи аввалини илмии ҷуғрофии қаторкӯҳҳои иҳотакунандаи водии Ванҷ ба шарқшиноси рус А. А. Семёнов тааллуқ дорад, ки соли 1898 дар доираи экспедитсияи расмии граф А. А. Бобринский аз ин минтақа дидан карда буд. Ӯ дар китоби худ навиштааст:<blockquote>«Часть Дарваза по правую сторону Пянджа (Сѣверный Дарвазъ) занимаетъ западный склонъ Памирскаго плоскогорья: этотъ край изрѣзываютъ глубокими долинами рѣкъ: Пянджа и его притоковъ справа: Оби-Хингоу, Ванджа и Язгулина. Водораздѣломъ этихъ рѣкъ служатъ два высокихъ хребта: Дарвазскій, между рр. Оби-Хингоу и Ванджемъ, и Ванджскій,—между долинами Ванджа и Язгулина... Въ верховьяхъ Ванджа всѣ упомянутыя горныя цѣпи сходятся въ одинъ узелъ и сливаются съ Памирами.»</blockquote>Тарҷума: «Қисми Дарвоз, ки дар канори рости Панҷ ҷойгир аст (Дарвози Шимолӣ), нишеби ғарбии баландсаҳрои Помирро фаро мегирад: ин канораро водиҳои амиқи дарёҳо буридаанд — Панҷ ва шохобҳои рости он: Оби-Ҳингов, Ванҷ ва Язғулом. Марзи обҷудокунии ин дарёҳоро ду қаторкӯҳи баланд ташкил медиҳанд: Дарвоз — миёни рӯдҳои Оби-Ҳингову Ванҷ, ва Ванҷ — миёни водиҳои Ванҷу Язғулом... Дар болооби Ванҷ ҳамаи ин қаторкӯҳҳои зикршуда ба як гиреҳ мепайванданд ва бо Помир мепайванданд».<ref name="semenov1903-p6">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 6.</ref>
Дар ҳамин гиреҳи кӯҳӣ, ки қаторкӯҳҳои Ванҷу Дарвоз бо Помир мепайванданд, Семёнов ағбаи баландеро ба қайд гирифтааст, ки ба болооби Ванҷ мебарад: «Въ этомъ горномъ узлѣ лежить на высотѣ свыше 15 тыс. футовъ надъ уровнемъ моря перевалъ Сытаргй въ долину р. Вандж, или Ванча» — тарҷума: «Дар ҳамин гиреҳи кӯҳӣ, дар баландии зиёда аз 15 ҳазор фут аз сатҳи баҳр, ағбаи Сытаргӣ ба водии дарёи Вандж (Ванҷ) ҷойгир аст».<ref name="semenov1903-p7">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 7.</ref>
=== Лозурҳо ва қуллаҳо ===
Болооби дараи Ванҷ, ки дар он ҷо рӯд номи Абдуқаҳҳор (Абдукагор)-ро дорад, аз калонтарин марказҳои лозурии [[Помир]] ба шумор меравад. Бузургтарин лозури ҳавзаи рӯди Ванҷ лозури Ҷамъияти ҷуғрофӣ мебошад, ки дар маҳалли пайвастшавии қаторкӯҳҳои Академияи илмҳо ва Дарвоз ҷой гирифта, дарозиаш 24,2 км ва масоҳаташ 64,4 км² аст. Ин лозур соли '''1882''' кашф гардида, соли '''1928''' ба шарафи Ҷамъияти ҷуғрофии Русия номгузорӣ шудааст.<ref name="rgo22">[https://rgo.ru/activity/redaction/news/lednik-geograficheskogo-obshchestva-na-pamire-taet/ Ледник Географического общества на Памире тает] (рус.) // Сомонаи расмии Ҷамъияти ҷуғрофии Русия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар ҳавзаи Абдуқаҳҳор, дар нишебии ғарбии қаторкӯҳи Академияи илмҳо, лозури Хирс (дар адабиёти илмии русӣ --- Медвежий) воқеъ аст, ки бо ҳаракатҳои даврии ногаҳонии худ (сёрҷ) дар ҷаҳон шуҳрат дорад. Дарозии лозури Хирс 15,8 км ва масоҳаташ 25,3 км² аст; ҳавзаи барфии он дар баландии беш аз 5500 м бо ҳавзаи лозури Ванҷях (Федченко) муштарак буда, забонаи борику дарози он бо яхшораи (ледопад) 900-метра аз ҳавзаи ғизогирии фирнӣ ба дараи чуқур, то баландии 2900 м, фуруд меояд.<ref name="kotlyakov-medv22">Медвежий ледник // Словарь современных географических названий / Рус. геогр. о-во. Моск. центр; под общ. ред. акад. В. М. Котлякова. --- Екатеринбург: У-Фактория, 2006.</ref> Забонаи ин лозур дар зарфи чанд моҳ то 2 км ба поёни дара пеш рафта, маҷрои дарёи Абдуқаҳҳорро мебандад ва кӯли лозурӣ ба вуҷуд меоварад, ки шикофта шудани он ба обхезиҳои харобиовар дар водии Ванҷ оварда мерасонад. Чунин ҳаракатҳо дар солҳои '''1916''', '''1937''', '''1951''', '''1963''', '''1973''', '''1989''', '''2001''' ва '''2011''' ба қайд гирифта шудаанд.<ref name="medvezhy22">[https://www.silkadv.com/en/content/lednik-medvezhiy-v-hrebte-akademii-nauk Ледник Медвежий в хребте Академии Наук] (рус.) // Silk Road Adventures. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ҳангоми ҳаракати соли '''1963''' лозур қариб 1,75 км пеш рафта, дараи Абдуқаҳҳорро баст ва дар он сол ду маротиба (19 июн ва 3 июл) обхезиҳои лозурӣ рӯй доданд. Соли '''1973''' садди яхине бо паҳноии тақрибан ним километр ва баландии саду панҷоҳ метр дараро банд карда, дар паси он кӯле бо чуқурии то 110 метр пайдо шуд; 19 июни соли 1973, вақте ки дар кӯл 27 млн м³ об ҷамъ омада буд, рахнашавии он ба амал омад.<ref name="vinogradov22">[https://glaciallakes.narod.ru/articles/articl_other/3-1.htm Виноградов Ю. Б. Сведения о прорывах озёр, подпруженных ледниками] (рус.). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар қисмати шарқии қаторкӯҳи Язғулом, дар марзи ҷанубу шарқии ноҳия, қуллаи Истиқлол (то соли 2006 --- қуллаи Революция; 6940 м) --- чорумин қуллаи баланди Тоҷикистон қомат афрохтааст. Дар домани шимолии он лозури бузурги [[Лозури Федченко|Федченко]] --- дарозтарин лозури кӯҳии ҷаҳон берун аз минтақаҳои қутбӣ (77 км) оғоз меёбад.<ref name="revolution22">[http://wiki.risk.ru/index.php/%D0%9F%D0%B8%D0%BA_%D0%A0%D0%B5%D0%B2%D0%BE%D0%BB%D1%8E%D1%86%D0%B8%D0%B8 Пик Революции] (рус.) // Wiki.risk.ru. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Ин лозур, ки соли '''1878''' онро Василий Ошанин кашф карда, ба шарафи табиатшинос Алексей Федченко номгузорӣ намуда буд, аз '''31 июли соли''' 2023 '''бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расман Ванҷях ном''' дорад.<ref name="khovar-vanjyakh2" /><ref name="ozodi-vanjyakh22" /> Паҳноии миёнаи лозур 2 км ва ҳадди аксараш 5 км буда, ғафсии ях то 1 км ва ҳаҷми он ҳамроҳ бо шохобҳояш 144 км³ мерасад; лозур аз баландии 6200 м оғоз ёфта, забонааш то баландии 2909 м фуруд меояд ва дар силсилаи он 100 лозури хурду бузург, аз ҷумла 26 шохоби бевосита, ба ҳам пайвастаанд. Дар канори чапи лозур, дар баландии 4169 м, '''7 августи соли''' 1933 '''истгоҳи гидрометеорологӣ кушода шуда буд, ки то''' соли '''1995''' бефосила кор кард ва соли '''2004''' дар доираи лоиҳаи байналмилалӣ дар он ҷо истгоҳи худкор насб гардид. Бар асари гармшавии иқлим лозур танҳо дар садаи XX дар танаи асосии худ тақрибан 15 км³ ях --- даҳяки массаи худро --- аз даст додааст.<ref name="khovar-vanjyakh2" />
Тибқи баррасиҳои гляциологии охирин, масоҳати умумии лозури Ванҷях (Федченко) тақрибан 700 км² арзёбӣ мешавад ва ҳаҷми умумии яхи он, бар пояи ченкунии ғафсии қабати ях, 123,4 ± 28 км³ ҳисоб карда шудааст.<ref name="mayer-vol2">[https://www.cambridge.org/core/journals/journal-of-glaciology/article/evolution-of-fedchenko-glacier-in-the-pamir-tajikistan-during-the-past-eight-decades/0F2F382BD7954575E28B20128B7825E2 The evolution of Fedchenko glacier in the Pamir, Tajikistan, during the past eight decades] (англ.) // Journal of Glaciology. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар тӯли 93 соли мушоҳидаи илмӣ (1928--2021), суръати миёнаи тағйири баландии сатҳи лозур ба −0,46 метр дар сол расидааст, ҳарчанд дар ду фосилаи алоҳида --- солҳои 1958--1980 ва 2010--2021 --- коҳиши баландии забонаи лозур ду баробар аз меъёри дарозмуддат тезтар будааст.<ref name="jog20242">[https://eartharxiv.org/repository/view/7474/ Multi-temporal elevation changes of Fedchenko Glacier, Tajikistan, from 1928 to 2021] (англ.) // EarthArXiv / Journal of Glaciology, 2024. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ченкуниҳои GNSS ва тасвирбардории радарии TanDEM-X нишон медиҳанд, ки мувозинати ҷирмии лозур аз −0,27 ± 0,05 метри муодили обӣ дар сол барои давраи 2000--2011 то −0,51 ± 0,04 метр дар сол барои давраи 2011--2016 бадтар шудааст, яъне суръати обшавии лозур дар даҳсолаи охир тақрибан ду баробар афзудааст.<ref name="lambrecht20182">Lambrecht A., Mayer C., Wendt A., Floricioiu D., Völksen C. Elevation change of Fedchenko Glacier, Pamir Mountains, from GNSS field measurements and TanDEM-X elevation models, with a focus on the upper glacier // Journal of Glaciology.</ref> Бо вуҷуди ин, азбаски забонаи лозур бо қабати ғафси хоку сангреза пӯшида аст, масоҳати намоёни он тайи даҳсолаҳо танҳо 1,4 фоиз тағйир ёфта, дар ҳоле ки ҳаҷми аслии яхи он коҳиши назаррас --- тақрибан 5 км³ дар тӯли ҳашт даҳсола --- доштааст.<ref name="mayer-vol2" /> Тибқи маълумоти барномаи UNEP GRID-Arendal, забонаи лозур аз соли 1933 инҷониб зиёда аз 1 километр ба ақиб нишастааст ва аз соли 1980 инҷониб тақрибан 50 метр паст шудааст.<ref name="gridarendal2">[https://www.grida.no/resources/5274 Shrinking of Fedchenko Glacier in the Pamirs of Tajikistan] (англ.) // UNEP GRID-Arendal. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Пажӯҳиши соли 2026 дар маҷаллаи «Remote Sensing» доир ба ҳавзаи лозурии дарёи Вахш, ки низоми лозурии Ванҷях (Федченко)-ро низ фаро мегирад, нишон дод, ки масоҳати умумии лозурҳои ин ҳавза аз 4440,9 км² дар соли 2000 то 4087,1 км² дар соли 2018 коҳиш ёфта, барои соли 2025 тахминан 3955,2 км² пешбинӣ мешавад; яъне тайи солҳои 2000--2025 масоҳати умумии лозурҳо 485,7 км² (10,94 фоиз) кам шуда, коҳиши миёнаи солона ба 19,43 км² мерасад.<ref name="rs20262">[[doi:10.3390/rs18091436|Changes in Glaciers of the Vakhsh River Basin, Tajikistan Under Global Climate Change]] (англ.) // Remote Sensing, ҷ. 18, № 9, мақолаи 1436, 2026.</ref>
Қисмати шарқии кӯҳистони ноҳия, аз ҷумла шарқи қаторкӯҳи Ванҷ ва минтақаи лозури Федченко, ба ҳудуди [[Боғи миллии Тоҷикистон]] дохил мешавад, ки соли '''1992''' таъсис ёфтааст ва моҳи июни соли '''2013''' таҳти унвони «Боғи миллии Тоҷикистон (кӯҳҳои Помир)» ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии [[ЮНЕСКО]] шомил гардид.<ref name="unesco22">[https://news.un.org/ru/story/2013/06/1224271 Таджикский национальный парк «Горы Памира» включён в список Всемирного наследия ЮНЕСКО] (рус.) // Маркази ахбори СММ, июни 2013. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="tnp22">[https://medt.tj/ru/tourism/tourism/1424-tajikskiy-natsionalniy-park-obekt-vsemirnogo-naslediya-unesco Таджикский национальный парк --- объект Всемирного наследия ЮНЕСКО] (рус.) // Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Заминҷунбӣ ===
Ноҳияи Ванҷ дар минтақаи аз ҷиҳати заминҷунбӣ фаъол ҷой дорад. '''2''' январи соли 2010 '''дар шарқи Тоҷикистон заминҷунбие бо бузургии 5,1--5,4''' рух дод, ки дар натиҷаи он дар маркази ноҳияи Ванҷ ва деҳаҳои Роғу Гишкон беш аз 1050 бино хароб гардида, тибқи баъзе маълумот то 20 ҳазор нафар зарар диданд ва зиёда аз ҳазор сокин муваққатан бесарпаноҳ монданд.<ref name="ria201022">[https://ria.ru/earthquake_Tadjikistan_03012010/ Землетрясение магнитудой в 5,1 балла произошло в Таджикистане] (рус.) // РИА Новости, 2--3 январи 2010. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="dialog201022">[https://dialog.tj/smertonosnaya-stihiyato-rasskazyvaem-pro-samye-razrushitelnye-zemletryaseniya-v-tadzhikistane-i-mire/ Смертоносная стихия: рассказываем про самые разрушительные землетрясения в Таджикистане и мире] (рус.) // Диалог.TJ. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Иқлим ==
Иқлими ноҳияи Ванҷ қораӣ (континентӣ) аст; тобистонаш гарми бебориш, зимистонаш сарди камбарф; ҳарорати миёна дар моҳи июл 20--24 °C, дар январ аз −12 °C то −20 °C. Мизони борандагии солона 200--300 миллиметр аст. Баландиҳои 4000--5500 м марғзоранд, аз он болотар --- тундраи кӯҳист. Дар баландкӯҳҳо иқлим ба куллӣ дигар аст: дар минтақаи лозури Ванҷях ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво ҳатто дар моҳҳои июн--сентябр ҳамагӣ +1,6 °C буда, миқдори солонаи боришот дар он ҷо ба 1192 мм мерасад, ки 99 дарсади он ба шакли барф меборад.<ref name="khovar-vanjyakh2" />
=== Таснифи иқлимӣ ва механизмҳои ташаккулёбандаи он ===
Тибқи таснифи байналмилалии иқлимшиносии Кёппен--Гейгер (Köppen--Geiger), иқлими қисми асосии водиҳои поёнии ноҳияи Ванҷ ба гурӯҳи '''Dsa''' --- «иқлими қораии мӯътадил бо тобистони гарму хушк» --- мансуб дониста мешавад.<ref name="enwiki-vanj2">[[:en:Vanj|Vanj]] (англ.) // Wikipedia, the Free Encyclopedia. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ин рамз се хусусияти бунёдиро ифода мекунад: ҳарфи D нишон медиҳад, ки ҳарорати миёнаи сардтарин моҳи сол аз −3 °C поёнтар аст ва барф дар зимистон қабати устувор ташкил медиҳад, дар ҳоле ки гармтарин моҳ аз 10 °C болотар аст; ҳарфи s далолат мекунад, ки боришоти моҳи хушктарини тобистон ба маротиб камтар аз боришоти моҳи сербориштарини зимистону баҳор аст; ҳарфи a нишон медиҳад, ки ҳарорати миёнаи гармтарин моҳи сол аз 22 °C зиёдтар аст. Ин таснифот танҳо то баландиҳои тақрибан 2000--2500 метр эътибори комил дорад; бо боло рафтан аз ин сатҳ, иқлим ба категорияҳои сардтару намноки Dsb ва Dsc мегузарад, дар баландиҳои беш аз 3500--4000 метр ба категорияи E (иқлими тундраи кӯҳӣ) ва дар минтақаи лозурҳо, аз ҷумла дар ҳавзаи Ванҷях, ба категорияи EF (иқлими яхбандии доимӣ) табдил меёбад.<ref name="carpathian-outlook2">[http://www.carpathianconvention.org/tl_files/carpathiancon/Downloads/04%20Publications%20-%20Press%20-%20Gallery/CAsia_Summary_screen.pdf Outlook on climate change adaptation in the Central Asian mountains] (англ.) // Carpathian Convention. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Иқлими ноҳия натиҷаи таъсири мутақобилаи се механизми асосии атмосферист. Дар фасли зимистон (аз ноябр то март) минтақа таҳти таъсири канораи ҷанубу ғарбии Антитсиклони Сибирӣ қарор мегирад, ки массаҳои ҳавоии сарду хушкро ба водиҳои Помир ворид карда, ҳавои софи вале шадидан сарди зимистонаро ба вуҷуд меорад.<ref name="ecdp-rmuesom2">[https://ecdp.tj/uploads/files/Ramochnaya_model_upravleniya_ekologicheskimi_i_socialnimi_ohrannimi.pdf Рамочная модель управления экологическими и социальными охранными мерами (РМУЭСОМ)] (рус.) // ECDP.TJ. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар охири зимистону фасли баҳор, силсилабодҳои ғарбӣ (Westerlies), ки аз уқёнуси Атлантик ва баҳри Миёназамин ҷараён мегиранд, манбаи асосии намӣ ва боришот мебошанд; вақте ин сиклонҳо ба қаторкӯҳҳои баланди Ванҷу Язғулом бармехӯранд, раванди боришоти орографӣ (кӯҳсоз) рӯй медиҳад, ки боиси резиши миқдори зиёди борону барф мегардад. Дар моҳҳои июлу август бошад, гармшавии шадиди сатҳи замин дар биёбонҳои Афғонистону Эрон боиси пайдоиши минтақаҳои фишори паст мегардад, ки массаҳои ҳавоии тропикии хушкро ба минтақа ворид карда, равандҳои абрсозиро бозмедоранд ва давраи хушксолии тобистонаро фаро меоранд. Бо сабаби парокандагии шабакаи истгоҳҳои обуҳавосанҷӣ дар кӯҳистони Помир, таҳлили дақиқи микроиқлимҳои алоҳида --- ҳатто бо истифода аз пойгоҳҳои додаҳои глобалӣ ба монанди MERRA-2 --- то ҳанӯз кори мураккабе боқӣ мемонад.<ref name="pmc-panjbasin2">[https://pmc.ncbi.nlm.nih.gov/articles/PMC11760384/ Modeling of historical and future changes in temperature and precipitation in the Panj River Basin in Central Asia under the CMIP5 RCP and CMIP6 SSP scenarios] (англ.) // PMC. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Низоми ҳарорат ===
Маълумоти мушаххаси истгоҳҳои метеорологии маҳаллӣ манзараи дақиқтари низоми ҳароратиро пешкаш мекунанд. Тибқи таҳлили илмии соли 2024, ки бар асоси мушоҳидаҳои истгоҳи обуҳавосанҷии Хумроғӣ (воқеъ дар ҳавзаи болооби рӯди Ванҷ) анҷом дода шудааст, ҳарорати миёнаи солона дар ин минтақа тақрибан ба +9,9 °C баробар аст.<ref name="murodov20242">Murodov, M.; Li, L.; Safarov, M.; Lv, M.; Murodov, A.; Gulakhmadov, A.; Khusrav, K.; Qiu, Y. [[doi:10.3390/rs16101730|A Comprehensive Examination of the Medvezhiy Glacier\'s Surges in West Pamir (1968--2023)]] (англ.) // Remote Sensing. --- 2024. --- Ҷ. 16, № 10. --- Мақолаи 1730. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Гармтарин моҳи сол июл буда, ҳарорати миёнаи он ба +23,0 °C мерасад,<ref name="murodov20242" /> баъзе манбаъҳои дигар ҳарорати миёнаи июлро дар маркази ноҳия то +25 °C арзёбӣ мекунанд.<ref name="enwiki-vanj2" /> Тибқи маълумоти сомонаҳои обуҳавосанҷии оммавӣ, дар давоми рӯзҳои гарми тобистон (масалан, дар охири июлу аввали август) ҳарорати нимирӯзӣ метавонад ба таври муназзам то +27...+32 °C боло равад.<ref name="gismeteo-vanch2">[https://www.gismeteo.ru/weather-vanch-336641/ Погода в Ванче сегодня] (рус.) // Gismeteo. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Сардтарин моҳи сол январ аст, ки тибқи маълумоти истгоҳи Хумроғӣ ҳарорати миёнааш аз −4,9 то −5,0 °C-ро ташкил медиҳад.<ref name="murodov20242" /><ref name="enwiki-vanj2" /> Ин рақам аз тавсифи умумии дар боло овардашуда (аз −12 то −20 °C), ки маъмулан дар сарчашмаҳои донишномавӣ дар бораи маркази ноҳия дода мешавад, фарқи назаррас дорад; чунин ба назар мерасад, ки ин тафовут на ихтилофи асл, балки натиҷаи фарқи мавқеи чен ва усули ҳисоб бошад --- рақами дуюм эҳтимолан ба ҳарорати шабонаи ниҳоии сардтарин рӯзҳо ё ба минтақаҳои баландтари ноҳия дахл дорад, дар ҳоле ки рақами якум ҳарорати миёнаи моҳонаро дар як истгоҳи мушаххас инъикос мекунад. Муҳимтарин хусусияти ин иқлим амплитудаи миёнаи солонаи ҳарорат аст, ки ба 27,9 °C мерасад ва гувоҳи равшани набудани таъсири мӯътадилкунандаи баҳрҳо мебошад.<ref name="murodov20242" />
Ҳароратҳои фавқулода низ ба қайд гирифта шудаанд: тибқи як ҳуҷҷати арзёбии экологию иҷтимоӣ, дар моҳи '''июли соли 2013''' ҳарорати ҳаво дар ноҳия то '''+36,6 °C''' расидааст, дар ҳоле ки дар моҳи '''январи соли''' 2012 '''пасттарин ҳарорати мутлақ''' −20,5 °C '''ба қайд гирифта''' шуд;<ref name="ecdp-rmuesom2" /> тафовути миёни ин ду нишондиҳанда --- беш аз 57 дараҷа --- худ далели равшани шиддати иқлими қораии кӯҳистонии ноҳия аст.
Бо ҳар 100 метр болоравии баландӣ, ҳарорати ҳаво, тибқи қонунияти умумии физикаи атмосфера, ба ҳисоби миёна 0,6 °C коҳиш меёбад; маҳз ҳамин градиенти амудӣ сабаб мешавад, ки дар ҳоле ки дар маркази ноҳия тобистон гармои то 30 дараҷа ҳукмфармост, дар баландиҳои болои 4000 метр шароити наздик ба зимистон боқӣ мемонад. Дар минтақаи лозури Ванҷях, тавре ки дар боло зикр гардид, ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво ҳатто дар моҳҳои июн--сентябр ҳамагӣ +1,6 °C-ро ташкил медиҳад, ки шабнаму яхбандии шабонаро дар он ҷо ҳатто дар авҷи тобистон табиӣ мегардонад.
{| class="wikitable"
|+Ҷадвали 1. Хулосаи нишондиҳандаҳои иқлимии ноҳияи Ванҷ<ref name="murodov20242" /><ref name="enwiki-vanj2" /><ref name="ecdp-rmuesom2" /><ref name="gismeteo-vanch2" /><ref name="jsprav-vanch2">[https://pogoda.jsprav.ru/tj/vanch/ Погода в Ванче (Таджикистан)] (рус.) // JSPRAV.ru. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
!Нишондиҳанда
!Қимат
!Тавзеҳ
|-
|Ҳарорати миёнаи солона
| +9,9 °C
|Истгоҳи Хумроғӣ
|-
|Ҳарорати миёнаи июл (гармтарин моҳ)
| +23,0...+25,0 °C
|Хумроғӣ / маркази ноҳия
|-
|Ҳарорати миёнаи январ (сардтарин моҳ)
|−4,9...−5,0 °C
|Истгоҳи Хумроғӣ
|-
|Амплитудаи миёнаи солонаи ҳарорат
|27,9 °C
|Нишондиҳандаи иқлими қораӣ
|-
|Максимуми мутлақ (рекорд)
| +36,6 °C
|Июли соли 2013
|-
|Минимуми мутлақ (рекорд)
|−20,5 °C
|Январи соли 2012
|-
|Боришоти солона (Хумроғӣ)
|341 мм
|Ҳавзаи болооби рӯди Ванҷ
|-
|Моҳи сербориштарин
|64 мм
|Март
|-
|Моҳи хушктарин
|1 мм
|Август
|-
|Намнокии нисбии ҳаво дар тобистон
|18--24 %
| ---
|}
=== Боришот ва намнокии ҳаво ===
Тақсимоти боришот дар ноҳияи Ванҷ, мисли ҳарорат, ба таври шадид вобаста ба баландӣ тағйир меёбад. Тибқи маълумоти истгоҳи Хумроғӣ, боришоти миёнаи солона дар ҳавзаи болооби рӯди Ванҷ ба 341 мм мерасад,<ref name="murodov20242" /> дар ҳоле ки дар қисматҳои поёнии водӣ ин рақам ба 200--300 мм наздик аст (ниг. боло), ва дар баъзе минтақаҳои миёнакӯҳ, тибқи баъзе сарчашмаҳо, то 626 мм низ мерасад.<ref name="enwiki-vanj2" /> Хусусияти муҳимтарин на ҳаҷми умумии боришот, балки тақсимоти бениҳоят нобаробари он дар тӯли сол аст: моҳи сербориштарин март буда, ба ҳисоби миёна 64 мм боришот дорад ва бо обшавии ҳамзамони барфҳои кӯҳӣ сатҳи оби Ванҷобу Язғуломро кескин боло мебарад; моҳи хушктарин бошад, август аст, ки миқдори боришот дар он ҳамагӣ ба 1 мм мерасад.<ref name="murodov20242" /> Тафовути 63-миллиметра миёни ин ду моҳ нишондиҳандаи равшани хушксолии мутлақи тобистона мебошад.<ref name="murodov20242" />
Намнокии нисбии ҳаво низ ба ҳамин ритми мавсимӣ пайравӣ мекунад: дар авҷи тобистон он метавонад то 18--24 фоиз коҳиш ёбад,<ref name="jsprav-vanch2" /> ки боиси бухоршавии босуръати намӣ аз сатҳи хоку баргу набот гардида, эҳтиёҷи кишоварзиро ба обёрии сунъӣ хеле меафзояд. Дар муқобил, дар минтақаи баландкӯҳии лозури Ванҷях, тавре ки дар боло омад, миқдори солонаи боришот ба 1192 мм мерасад, ки 99 дарсади он ба шакли барф меборад --- рақаме, ки таъсири орографии (кӯҳсози) қаторкӯҳҳои Ванҷу Академияи илмҳоро ба таври возеҳ нишон медиҳад: ҳангоме ки массаҳои ҳавоии намнок ба ин деворҳои азим бармехӯранд, ба боло ҳаракат карда, сард мешаванд ва намии худро дар шакли боришоти шадид дар минтақаҳои баландтар мепартоянд, дар ҳоле ки водиҳои поёнӣ дар «сояи боришот» боқӣ мемонанд.
Хоки водиҳо ҷигарӣ ва чаманзорӣ (чимтолӣ); хоки кӯҳҳо ва нишебиҳои онҳо даштӣ ва марғзору баландкӯҳ, ҷо-ҷо регзор аст. Аксари хокҳо серсанганд.
Дар водиҳо набототи даштӣ, дар кӯҳҳо ва доманаи онҳо дарахтони бед, арча, сафедор, буттаҳои ангат, зирк, бушол, настаран; дар баландии 2000--4000 м камол, юған, торон, ревоҷ (чукрӣ), куруш, фарк, курт, бодом, жағн, тӯс (буруҷ) ва ғайра мерӯянд. Дар водии Ванҷ дарахтони мевадор, аз қабили тут, зардолу, себ, чормағз хеле фаровонанд ва ҳосили хуб медиҳанд.
Аз ҳайвоноти ваҳшӣ паланг, хирс, гург, шағол, рӯбоҳ, оҳу, суғур, заргӯш, аз парандагон гунҷишк, ғулба, кабки реза, кабки дарӣ (ҳилол), кафтар, боз, ғалевоз, уқоб ва ғайра вомехӯранд.
=== Минтақабандии амудии эко-иқлимӣ ===
Бо сабаби тафовути шадиди баландӣ --- аз 1500 метр дар қисматҳои поёнии водӣ то беш аз 6000 метр дар қуллаҳо --- иқлими ноҳияи Ванҷ якранг нест, балки аз занҷираи пайдарпайи минтақаҳои эко-иқлимӣ иборат аст, ки ҳар кадоме шароити хоси гармову намнокӣ ва набототу ҳайвоноти мувофиқи худро доранд.
Дар баландии 1500--2000 метр, дар водиҳои Ванҷу Водхуд, иқлим гармтарину мусоидтарин аст; маҳз дар ҳамин минтақа, тавре ки дар боло зикр шуд, дарахтони меваовар --- тут, зардолу, себу чормағз --- ҳосили фаровон медиҳанд. Аз баландии 2000 то 4000 метр иқлим сардтар мешавад ва набототи дарахтии гармидӯст ҷои худро ба буттаву гиёҳҳои тобовар ба хушкии тобистона медиҳад; маҳз ҳамин минтақа, тибқи таҳқиқоти экологии барномаҳои ҷаҳонии ҳифзи табиати Осиёи Марказӣ, макони зисти намудҳои нодири эндемикӣ --- аз ҷумла гиёҳи *Nepeta badachschanica* ва шапараки нодири кӯҳӣ *Parnassius autocrator* --- маҳсуб мешавад.<ref name="iucn-centralasia2">[https://portals.iucn.org/library/sites/library/files/documents/2020-003-En.pdf World Heritage thematic study for Central Asia] (англ.) // IUCN Portals. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар баландии 4000--5500 метр, дар минтақаи тундраи кӯҳӣ ва марғзорҳои алпӣ, набототи дарахтӣ комилан аз байн меравад ва танҳо гиёҳҳои пастқад, ушна ва сангфаш (лишайник) боқӣ мемонанд; фаунаи ин минтақа --- аз ҷумла паланг, хирс, суғур ва кабки дарӣ (ҳилол) --- бештар дар фасли тобистон ба ин баландиҳо мебарояд ва бо фарорасии зимистон ба минтақаҳои поёнии гармтар муҳоҷирати амудӣ мекунад.<ref name="iucn-centralasia2" /> Ниҳоят, аз баландии 5500 метр боло, дар минтақаи нивалӣ-пиряхӣ, олами яхбандии доимӣ оғоз мешавад, ки ба иқлими қутбҳои Замин монандӣ дорад ва манбаи асосии ғизогирии пиряхҳои бузурги ноҳия, аз ҷумла лозури Ванҷях, ба шумор меравад.
=== Хатарҳои гидрометеорологӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ===
Иқлими шадидан қораии ноҳияи Ванҷ, ки бо боришоти пуршиддати баҳорӣ ва хушксолиҳои шадиди тобистона тавсиф мешавад, минтақаро ба яке аз осебпазиртарин ноҳияҳо аз лиҳози хатарҳои гидрометеорологӣ дар тамоми ҳавзаи рӯди Панҷ табдил додааст.<ref name="cif-pyanj-vuln2">[https://www.cif.org/sites/default/files/meeting-documents/tajikistan_pyanj_river_basin_climate_change_vulnerability_assessment_20130510_0.pdf Climate Change Vulnerability Assessment Republic of Tajikistan: Building Climate Resilience in the Pyanj River Basin] (англ.) // Climate Investment Funds (CIF). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ду омили асосии иқлимӣ сабабгори аксари сел ва обхезиҳо мебошанд. Аввал, вақте ки боришоти шадиди баҳорӣ бо баландшавии ногаҳонии ҳарорат ҳамроҳ мешавад, барфҳои нишебиҳои кӯҳӣ босуръат об шуда, заминро аз ҳад зиёд сернам мекунанд ва ба лағжиши қабатҳои замин ва фаромадани селҳои лойқадор оварда мерасонанд.<ref name="murodov20242" /> Дуюм, ҳангоме ки ҳарорати нимирӯзии тобистона ба атрофи +30 °C мерасад, суръати обшавии пиряхҳо ба ҳадди аксар расида, метавонад боиси обхезиҳои ногаҳонии кӯлҳои пиряхӣ гардад,<ref name="jsprav-vanch2" /> падидае, ки, тавре ки дар бахши [[Ноҳияи Ванҷ#Лозурҳо ва қуллаҳо|«Лозурҳо ва қуллаҳо»]] зикр гардид, дар мисоли лозури Хирс борҳо ба амал омадааст.
Тибқи арзёбии осебпазирии иқлимӣ, ки дар доираи лоиҳаи минтақавии «Ташаккули устувории иқлимӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ» анҷом дода шудааст, деҳаҳои ноҳияи Ванҷ, аз ҷумла дар ҷамоатҳои Водхуду Язғулом, дар қатори минтақаҳои дорои хатари миёна ва баланди зарар аз сел ва обхезӣ гурӯҳбандӣ шудаанд.<ref name="cif-pyanj-vuln2" /><ref name="adb-pyanj2">[https://www.adb.org/projects/45354-002/main 45354-002: Building Climate Resilience in the Pyanj River Basin] (англ.) // Asian Development Bank. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Барои коҳиш додани ин осебпазирӣ, дар доираи лоиҳаҳои байналмилалии мутобиқшавӣ ба иқлим, дар ҳудуди ҷамоати Водхуд корҳои мустаҳкамкунии соҳили рӯди Ванҷоб ва барқарорсозии лӯлаҳои оби полезӣ анҷом дода шудаанд, ки ҳадафи онҳо ҳифзи заминҳои кишоварзӣ аз сел ва кафолати таъминоти об дар давраҳои хушксолии шадид мебошад.<ref name="cif-pyanj-vuln2" /> Ин гуна тадбирҳои инфрасохторӣ, дар якҷоягӣ бо гузариш ба неруи барқи хурди обӣ (ниг. бахши [[Ноҳияи Ванҷ#Энергетика|«Энергетика»]]) ва вобастагии иқтисоди хонаводаҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ (ниг. бахши [[Ноҳияи Ванҷ#Муҳоҷирати меҳнатӣ|«Муҳоҷирати меҳнатӣ»]]), нишондиҳандаи равшани он мебошанд, ки иқлими шадиди кӯҳистонӣ на танҳо омили табиӣ, балки муайянкунандаи асосии тарзи зиндагӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ванҷ боқӣ мемонад.
== Таърих ==
Ванҷ таърихи чандинҳазорсола дорад, ки осори таърихии он то ҳол пойбарҷоянд, аммо касе аз донишмандони таърих ва бостоншиносони тоҷик ба пажӯҳиши ҷиддии ин ганҷинаи таърих домани ҳиммат барназадааст. Сағонаҳо ва дахмаҳои Ванҷ худ далели ошкори таърихи чандҳазорсолаи ин куҳанбуманд. Бо ин ҳама, таърихи навини водӣ дар осори муаррихони тоҷик --- мақолаи академик Раҳим Масов «Оид ба таърихи водии Ванҷ» ва китобҳои профессор Ҳайдаршо Пирумшоев --- мавриди баррасии махсус қарор гирифтааст.<ref name="masov19992">Масов Р. М. К истории Ванчской долины // Мероси ниёгон. --- Душанбе, 1999. --- № 4. --- С. 20--30.</ref><ref name="pirumshoev-web2" />
Сарнавишти таърихии Ванҷ аз дигар мавзеъҳои тоҷикнишини Бухорои Шарқӣ ва ғарби Бадахшон чандон фарқе надошт. Фоҷиаҳое, ки дар ин ё он гардиши таърихӣ, мисли ҳуҷуми муғулҳо, темуриён ва тозиши дигар қабилаҳои кӯчии туркнажод ва хунрезиҳои ваҳшиёна дар давраи парокандагии феодалӣ рух доданд, бар ин сарзамин бетаъсир набуданд. Тоҷиконе, ки зери таъқибу фишори аҷнабиён қарор гирифта буданд, барои ҳифзи ҷони худ ба тагнои ин дараҳои дастнорас, ба каронаҳои рӯдҳои кӯҳӣ паноҳ бурданд ва ба ҷойҳои дурдасте кӯчиданд, ки сокинони маҳаллӣ дар он солиёни дароз бо кӯшишу ранҷи сахт қитъаҳои хурди заминро барои кишт созгор мекарданд.
Далели мустақими мардумшиносии ин падидаи муҳоҷират аз ҷониби шарқшиноси рус А. А. Семёнов, ки соли 1898 дар доираи экспедитсияи расмии граф А. А. Бобринский ба кӯҳҳои Зарафшону Қаротегину Дарвоз сафар карда буд, сабт гардидааст:<blockquote>«Обитатели долины Ванджа говорили, что ихъ долина заселена недавно, лѣтъ сто тому назадъ, выходцами съ Хингоба. Это переселеніе, замѣтимъ, на Вандж съ Хингоба продолжается, вѣроятно, и до сихъ поръ: намъ здѣсь приходилось встрѣчать много туземцевъ, которые родились въ долинѣ Хингоба и недавно переселились на Ванджъ. Туземцы Дарваза по Пянджу передавали, что ихъ отцы заселили правый берегъ рѣки, когда лѣвый былъ занятъ, и пришли сюда изъ долины Хингоба, туда же переселились съ Ях-Су.»</blockquote>Тарҷума: «Сокинони водии Ванҷ мегуфтанд, ки водии онҳо начандон пеш, тахминан сад сол қабл, аз ҷониби муҳоҷирони аз Ҳингов омада маскун шудааст. Ин муҳоҷират, бояд қайд кард, аз Ҳингов ба Ванҷ, эҳтимол, то ба имрӯз низ идома дорад: мо дар ин ҷо бисёр сокинонеро вохӯрдем, ки худашон дар водии Ҳингов таваллуд шуда, ба наздикӣ ба Ванҷ кӯчида буданд. Сокинони бумии Дарвоз дар соҳили Панҷ нақл мекарданд, ки падарони онҳо соҳили рости дарёро — вақте ки соҳили чап аллакай ишғол шуда буд — маскун сохтаанд ва ба ин ҷо аз водии Ҳингов омада буданд, ки худ пеш аз он аз Ях-Су ба он ҷо кӯчида буд».<ref name="semenov1903-migration">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 20.</ref> Ин маълумоти мардумшиносӣ, ҳарчанд бар асоси ривояти шифоҳии сокинон дар охири асри XIX сабт шуда ва набояд ҳамчун санади мутлақи таърихӣ пазируфта шавад, бо ин ҳама, бо тасвири умумии дар боло овардашуда — ки водиро паноҳгоҳи гурезагони кӯҳистонӣ аз минтақаҳои гуногун меҳисобад — ҳамоҳангии комил дорад.
Дар бораи таърихи куҳантари Ванҷ ҳанӯз манбаъи мувассақе ба даст нарасидааст. Аммо аз таҳқиқоти донишмандони руси тоинқилобӣ ва муҳаққиқони аҳди шӯравӣ бармеояд, ки Ванҷ қариб то охири асрҳои миёна истиқлоли худро нигоҳ медошт. Ин назарро донишманди маъруф, мутахассиси таърихи Бухорои Шарқӣ ва Бадахшон Б. Искандаров чунин баён кардааст:<ref name="iskandarov2">Искандаров Б. И. Восточная Бухара и Памир во второй половине XIX в. Ч. 1--2. --- Душанбе, 1962--1963.</ref><blockquote>Аз мулкҳои қаламрави Дарвоз сокинони Ванҷ нисбатан мустақилияти воқеъиро
соҳиб буданд. Ин ноҳияро кӯҳҳои баланд иҳота мекунанд ва он аз шоҳроҳи пайвандгоҳи мулкҳои кишвар дар канор, дар наздикиҳои доманаи лозури Федченко ҷой дорад. Аз ин ҷиҳат мулки номбурда барои аҷнабиён дастнорас буд. Ба ин нигоҳ накарда, хонҳои Қӯқанд дар охири асри XVIII -- ибтидои XIX борҳо барои ғасбу тобеъ намуданаш кӯшиш ба харҷ додаанд, вале ҳама
талафоту харҷашон беҳуда анҷом ёфтааст.</blockquote>Ванҷ дар замони истилои муғулон ва салтанати Темуриён, Шайбониён ва Аштархониён ба таври расмӣ ҷузъи қаламрави онҳо шинохта мешуд, аммо амалан мустақил буд. Ин вазъиятро метавон дар замони ташаккули давлатдории Қӯқанд (авохири асри 18 -- нимаи якуми асри 19) низ мушоҳида кард. Мувофиқи маълумоти маъхазҳо, Ванҷ то замони эътироф кардани ҳукумати шоҳи Дарвоз Исмоил (1845--1863) истиқлоли худро нигоҳ дошт. Дар замони ҳукмронии шоҳони вопасини Дарвоз (1863--1877) Ванҷ бахше аз қаламрави он ҳисоб меёфт. Баъд аз пайвастани Ванҷ ба Дарвоз иқтидори ҳокимони Дарвоз афзоиши чашмгире дошт, зеро бо ҳамроҳ шудани паҳлавонони ҳузарби ванҷӣ ба сафи лашкари Исмоилшоҳ имконоти ҷангии ӯ бамаротиб афзуд.
Тибқи ривояти маҳаллӣ, ки муаррихон Р. Масов ва Ҳ. Пирумшоев дар асари бунёдии худ «Файзи истиқлол дар "Боми ҷаҳон"» сабт кардаанд, дар деҳаи Кулумбаи Боло то ба имрӯз нишонаҳои коркарди тилло боқӣ мондаанд, ки гӯё дар замони истилои муғулон навкарони Чингизхон мардуми маҳаллиро маҷбуран ба ин фаъолият сафарбар карда буданд.<ref name="masov-pirumshoev20112">Масов Р. М., Пирумшоев Ҳ. Файзи истиқлол дар «Боми ҷаҳон». --- Душанбе: Дониш, 2011. --- 412 с. --- ISBN 978-99947-2-004-0. --- С. 362--363.</ref> Ин ривоят нишон медиҳад, ки ҳарчанд қудратҳои бузург метавонистанд нуфузи худро ба таври муваққатӣ ва барои истихроҷи захираҳо таҳмил кунанд, онҳо ҳеҷ гоҳ натавонистанд назорати пурраи маъмуриро дар ин дараҳои маҳкам барқарор намоянд. Дар замони салтанати Темуриён низ, тибқи маълумоти муаррихи асримиёнагӣ Абдурраззоқи Самарқандӣ, агарчи минтақа расман дар итоати Темур буд, он аз ҷониби шоҳони маҳаллӣ идора мешуд ва ҳатто дар лашкари Темур ҳангоми муҳосираи Қалъаи Калот (соли 1381 милодӣ) дастаҳое аз сокинони Дарвозу Қаротегин хидмат мекарданд, ки гувоҳи иқтидори ҳарбии ин кӯҳистониён аст.<ref name="masov-pirumshoev20112" />
Дар охири асри XVIII ва нимаи якуми асри XIX хонҳои Қӯқанд якчанд маротиба кӯшиши тобеъ намудани Ванҷу Дарвозро ба харҷ доданд: дар замони салтанати Умархон (1810--1822) ва Мадалихон лашкаркашиҳои пайдарпай ба самти Қаротегину Дарвоз сурат гирифтанд; чунончи соли 1834 Мадалихон бо сарварии Машариф Атолиқ лашкари бузургеро барои саркӯб кардани шоҳзодагони фирории қӯқандӣ ба ин манотиқ фиристод, ки боиси даргириҳои шадид бо сипоҳиёни маҳаллӣ гардид.<ref name="mudabirzoda-diss2">Мудабирзода. Диссертатсия // Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш, 2025.</ref> Бо вуҷуди ин талошҳо ва хароҷоти зиёди ҳарбӣ, тавре ки дар боло аз қавли Искандаров зикр гардид, Ванҷ мустақилияти воқеии худро нигоҳ дошт.
Бо таваҷҷуҳ ба ин мавзӯъ, намояндаи расмии идораи Русия дар Туркистон Г. А. Арандаренко чунин қайд намудааст:<blockquote>Дар давраи Исмоилшоҳ ба дарвозиён фурсат даст дод, ки ҳокимияти худро на
танҳо дар Қаротегин ва Шуғнон густариш диҳанд, балки аз Кӯлобу Ҳисор низ
боҷ биситонанд, гарчи дар муддати на чандон тӯлонӣ ҳам бошад.</blockquote>Тибқи таҳқиқоти навтарин, Исмоилшоҳ дар авҷи иқтидори худ ба ин доираи васеъ ҳатто Рӯшонро низ тобеъ карда буд.<ref name="mudabirzoda-diss2" /> Вақте ки дар охирҳои солҳои 1860-ум ҳокимони Кӯлобу Ҳисор --- Сарахон ва Абдулкаримбий --- бо лашкари тахминан 50 ҳазор нафара ба муқобили ӯ бархостанд, Исмоилшоҳ бо дастгирии неруҳои содиқи худ, аз ҷумла паҳлавонони ванҷӣ, ба онҳо муқовимати шадид нишон дод.<ref name="mudabirzoda-diss2" />
Баъди ба Русия ҳамроҳ кардани Осиёи Миёна, амир Музаффар (1860--1885) бо дастгирии фармондори вилояти Туркистон манотиқи мустақиллу нимамустақилли Бухорои Шарқиро тасарруф кард ва нерӯҳои ҳарбии худро бо сарварии Худойназар (зимистони солҳои 1877--78) ба воситаи ағбаи Работ ба Қалъаи Хумб фиристод. Худойназар Қалъаи Хумбро ишғол кард, сипас ба самти Ванҷ ҳаракат намуд. Дар наздикии деҳаи Кеврон набарди сахте рӯй дод ва аскарони амир тавонистанд лашкари Дарвозро шикаст дода, таъқиби сарбозони боқимондаро идома диҳанд. Дастаи размандагони ихтиёрии Ванҷ ҳаракати сарбозони амирро дар назди Қалъаи Рохарв --- маркази Ванҷ боздоштанд. Баъди муҳосираи бенатиҷаи қалъа сарбозони амир ба Қалъаи Хумб баргаштанд. Ванҷ баъди тобеъ шудани шоҳии Дарвоз боз ду сол истиқлоли худро нигоҳ дошт. Дар давраи салтанати сулолаи манғитиён Ванҷ яке аз амлокдориҳои нисбатан бонуфузи бекии Дарвоз ба шумор мерафт.
Амлокдори Ванҷро «мир» ва ё «шоҳ» меномиданд, яъне мири Ванҷ ё шоҳи Ванҷ. Вижагии вазифаи мирӣ дар Ванҷ дар ин буд, ки номзадии мири Ванҷро бо машварат ва ройзании шахсиятҳои бонуфузи маҳаллӣ пешбарӣ мекарданд, сипас мири Дарвоз бар ӯ мувофиқат мекард ва аз амири Бухоро таъйиди ниҳойӣ дарёфт мешуд. Ҷамъ намудани андоз ва уҳдадориҳои феодалӣ ба зиммаи мир гузошта шуда буданд.
Муҳимтарин санади таърихӣ, ки сохтори деҳаҳо ва демографияи ин давраро тасдиқ мекунад, ҳуҷҷати барӯйхатгирии саросарии Аморати Бухоро дар соли 1914 мебошад. Тибқи ин санад, ки 6-уми моҳи рабиъу-с-сонии соли 1332-и ҳиҷрӣ (мутобиқ ба марти соли '''1914''') аз тарафи беки Дарвоз Абдусатторбек Бийи Додхоҳ бо муҳр тасдиқ шудааст, маркази амлокдории Ванҷ расман дар деҳаи Рохарв (макони Қалъаи Ванҷ) сабт гардидааст.<ref name="sssr-112sol2">[https://sssr.tj/vanj-va-yazgulom-112-sol-pesh-az-in/ Ванҷ ва Язгулом 112 сол пеш аз ин] // Газетаи мардумии СССР. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ин рӯйхати нодир нишон медиҳад, ки аксари мутлақи деҳаҳои имрӯзаи водӣ ҳанӯз сад сол қабл бо ҳамон номҳои таърихии худ вуҷуд доштанд ва қисми узвии сохтори маъмурии амлокдорӣ буданд.<ref name="sssr-112sol2" />
Сокинони водии Ванҷ Инқилоби Октябрро нисбатан хуб пазируфтанд, вале пас аз муддати кӯтоҳе муборизони маҳаллии муқовимат, аз пайравони Фузайл Махсум ва дигарон, ки бо номи «босмачиён» маъруфанд, чандин бор бо Артиши Сурх ва давлати шӯравии мустақарр дар Ванҷ даргир шуданд. Дар ин даргириҳо барои дифоъ аз ҳукумати шӯравӣ фидоиёни маҳаллӣ, мисли М. Давлатов, С. Раупов, Т. Шарифов, В. Эҳсонов, У. Меҳралишоев, Ҷ. Сафоев, Қ. Собиров ва дигарон ширкат доштанд.
Бино бар сарчашмаҳои таърихӣ, дар асрҳои миёна Ванҷ се ниҳиштаи маъдани оҳансанг дошт. Ҳанӯз дар оғози асри XX истихроҷи оҳан, гудохтани он ва оҳангарӣ яке аз пешаҳои асосии мардуми маҳаллии Ванҷ буд, ки бо ин пеша манотиқи муҷовирро бо оҳан ва афзоли хоҷагӣ, асбоби кишоварзӣ, корду шамшер ва дигар аслиҳа таъмин мекарданд.<ref name="kamoliddinov2">Камалиддинов Ш. С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX --- начала XIII вв. --- Ташкент: Ӯзбекистон, 1996.</ref> Ин касби мардумии ванҷиёнро шарқшиноси маъруф М. С. Андреев ҳанӯз соли '''1926''' дар рисолаи махсуси худ «Истеҳсоли оҳан дар водии Ванҷ» муфассал тавсиф кардааст.<ref name="andreev2">Андреев М. С. Выработка железа в долине Ванча (верховья Аму-Дарьи). --- Ташкент, 1926.</ref>
Тибқи маълумоти иловагӣ дар бораи ин ҳунари мардумӣ, гудозиши оҳан дар кӯраҳои махсуси заминӣ (домнитсаҳо), ки аз сангҳои тарошиданашуда ва гил сохта мешуданд, анҷом мепазируфт; оташро тавассути дампаҳои аз пӯсти буз сохташуда меафрӯхтанд ва ҳамчун сӯзишворӣ аз ангишти чӯб ва гиёҳи махсуси кӯҳии «пуш» истифода мекарданд.<ref name="khodorov-narhoz2">[https://istmat.org/files/uploads/43175/i.e.hodorov_tadzhikistan_v_narodnom_hozyaystve_sssr.pdf Ходоров И. Е. Таджикистан в народном хозяйстве СССР] (рус.) // Исторические материалы (istmat.org). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Як чунин кӯра тавоноӣ дошт, ки дар як шабонарӯз то 240 килограмм маъданро коркард намояд ва раванди пайвастаи гудозиш аз 2 то 5 шабонарӯз идома меёфт;<ref name="khodorov-narhoz2" /> маҳз ҳамин технологияи маҳаллӣ ба Ванҷ имкон медод, ки аз воридоти металл аз берун вобаста набошад ва артиши худро бо аслиҳаи сард таъмин карда, худкифоии ҳарбию иқтисодиро кафолат диҳад.
Ванҷ аз замони [[Сомониён]] то соли '''1877''' ҳукумате мустақил дошта, фармонравоёни онро шоҳ мехондаанд. Соли '''1878''' амири [[Бухоро]] ба Дарвоз лашкар кашид ва пас аз хиёнати баъзе дарвозиён ба Дарвоз муставлӣ шуд; Дарвозро бекигарӣ ва Қалъаи Хумбро қароргоҳи урдуи манғитиён гардонд. Дарвоз тайи солҳои 1878--1920 яке аз бекигариҳои Бухоро буд ва бек дар [[Қалъаи Хумб]] менишаст ва мир хонда мешуд. Бо вуҷуди ин ҳама, Ванҷ зоҳиран дар итоати бекигарӣ буд, вале истиқлоли худро нигаҳ дошт ва пои шуми сипоҳи манғитиён ба Ванҷзамин нарасид.
Соли '''1895''' бекигарии Дарвоз, ки дар ҳар ду канораи рӯди Панҷ қарор дошт, дар паи ҷаҳонгириҳои [[Русия]] ва [[Британияи Кабир|Британия]] дупора гардид: канораи рост ба аморати Бухоро ва канораи чап ба Афғонистон дода шуд.<ref name="postnikov2">Постников А. В. Схватка на «Крыше Мира»: политики, разведчики и географы в борьбе за Памир в XIX веке. --- М.: Памятники исторической мысли, 2001. --- 416 с. --- ISBN 5-88451-100-0.</ref>
Ванҷ то соли '''1920''' амлокдории Қалъаи Ванҷи бекигарии Дарвози аморати Бухоро буд. Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 Ванҷ аз соли 1920 то 1924 чун тумани Ванҷ дар ҳайати вилояти Ғарми Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро ҷой дошт. Солҳои 1925--1926 Ванҷ чун ҷузъи тумани Қалъаихумби вилояти Ғарми ҶМШС Тоҷикистон ҳисоб меёфт. Солҳои 1926--1930 волости Ванҷ дар ҳайати ВМКБ буд. Солҳои 1930--1933 Ванҷ чун қисми ҳудуди ноҳияи Қалъаихумб бевосита дар тобеъияти ҷумҳурӣ буд.
Тибқи Қарори Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон аз '''29 майи соли''' 1933''', №46 расман ноҳияи Ванҷ таъсис ёфта, то соли 1937 дар тобеъияти''' бевоситаи ҷумҳурӣ қарор дошт. Дар асоси Қарори Президиуми КИМ-и Шӯроҳои ҶШС Тоҷикистон аз '''11 августи соли 1937''', №43 ноҳияи Ванҷ бо ҳамаи деҳшӯроҳояш: Ванҷ, Водхуд, Рованд, Техарв, Жовуд ва Язғулом расман ба ҳайати ҳудудии ВМКБ гузаронида шуд. Бино бар ин, ноҳияи Ванҷ ҳамчун воҳиди маъмурӣ дар ҳайати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 11 августи соли 1937 ташаккул ёфтааст.
{| class="wikitable"
|+Таҳаввулоти маъмурию ҳудудии Ванҷ (то соли 1878 --- соли 1937)
!Марҳилаи таърихӣ
!Мақоми маъмурию ҳудудӣ
!Тобеияти давлатӣ/минтақавӣ
|-
|То соли 1878
|Мухторияти комил / Иттиҳод бо Дарвоз
|Идоракунии мустақил таҳти сарварии шоҳ
|-
|1878--1920
|Амлокдории Қалъаи Ванҷ
|Бекигарии Дарвоз, Аморати Бухоро
|-
|1920--1924
|Тумани Ванҷ
|Вилояти Ғарми Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро
|-
|1925--1926
|Ҷузъи тумани Қалъаихумб
|Вилояти Ғарми ҶМШС Тоҷикистон
|-
|1926--1930
|Волости Ванҷ
|Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
|-
|1930--1933
|Қисми ноҳияи Қалъаихумб
|Тобеияти бевоситаи ҶШС Тоҷикистон
|-
|29 майи 1933
|Ноҳияи Ванҷ (таъсиси мустақил)
|Тобеияти бевоситаи ҶШС Тоҷикистон
|-
|11 августи 1937
|Ноҳияи Ванҷ бо 6 деҳшӯро
|Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ)
|}
Дар нимаи солҳои 1950-ум сиёсати муҳоҷиркунонии аҳолии кӯҳистон ба водиҳои пахтакор ба Ванҷ низ бетаъсир намонд: соли '''1954''' сокинони водии Язғулом ба ноҳияи Куйбишеви водии Вахш кӯчонида шуданд. Гармои тоқатфарсо, беморшавии оммавӣ ва фавти зиёди кӯдакон ин муҳоҷиратро барои кӯчидагон фоҷиабор гардонд ва бахши зиёди онҳо тадриҷан ба зодгоҳи худ баргаштанд, ҳарчанд на ҳама; як ҷамоаи язғуломизабон то имрӯз дар водии Вахш боқӣ мондааст.<ref name="edelman-iling2">[https://iling-ran.ru/web/ru/scipop/blog/1911_edelman Из полевых записей середины прошлого века. Об экспедициях в язгулямский язык в 1950-х гг.] (рус.) // Сомонаи Пажӯҳишгоҳи забоншиносии Академияи илмҳои Русия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fieldling2">[http://field-ling.moscow/c/language/yazghulami/ Язгулямский язык] (рус.) // Экспедиции Московской школы полевой лингвистики. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="vostokoriens2">[https://vostokoriens.ru/articles/2745/218564 Астрономические знания язгулемцев] (рус.) // Восток (Oriens). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон (солҳои '''1992'''--'''1997'''), ки байни ҳукумати марказӣ ва Иттиҳоди Оппозиюни Тоҷик ба вуқӯъ пайваст, ба вазъи умумии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ бетаъсир намонд: азбаски аксарияти сокинони исмоилимазҳаби вилоят --- бахусус дар ноҳияҳои Рӯшону Шуғнон --- паноҳгоҳ ва пуштибони қувваҳои мухолифи ҳукумат гардиданд, вилоят яке аз пойгоҳҳои асосии Иттиҳоди Оппозиюн ба шумор мерафт.<ref name="grokipedia-gbao22">[https://grokipedia.com/page/Gorno-Badakhshan Gorno-Badakhshan] (англ.) // Grokipedia. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар манобеи дастраси таърихӣ то кунун таъсири мушаххаси ин ҷанг бар ноҳияи Ванҷ --- ки, тавре дар боло зикр гардид, аз ҷиҳати мазҳабӣ бо аксари ноҳияҳои дигари вилоят фарқ дошта, суннимазҳаб аст --- ба таври алоҳида ва мустанад пажӯҳиш нашудааст. Дар маҷмуъ, ин ҷанг тайи панҷ сол тахминан 50 то 100 ҳазор кушта ва беш аз як миллион гурезаву овораро дар саросари Тоҷикистон ба бор овард, пеш аз он ки '''27 июни соли 1997''' дар Маскав Созишномаи умумӣ доир ба барқарор кардани сулҳ ва ризояти миллӣ миёни Президент Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари Иттиҳоди Оппозиюн Саид Абдулло Нурӣ ба имзо расид.<ref name="factsdetails-war22">[https://factsanddetails.com/central-asia/Tajikistan/sub8_6a/entry-4858.html Tajikistan Civil War] (англ.) // Facts and Details. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="enacademic-war22">[https://en-academic.com/dic.nsf/enwiki/896644 Civil war in Tajikistan] (англ.) // En-Academic. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Осори таърихӣ ==
Дар қаламрави Ванҷ мавзеъ, осор ва ёдгориҳои таърихии бисёр вуҷуд доранд, вале то ҳол таҳқиқоти шоистае дар ин росто анҷом наёфтааст. Тибқи омори соҳаи сайёҳии ВМКБ, дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ ба ҳолати соли 2024 15 ёдгории таърихию фарҳангӣ ба қайд гирифта шудааст.<ref name="ctd-monuments20242">[https://ctd.tj/2024/03/30/%D1%85%D0%B0%D0%B1%D0%B0%D1%80-%D0%B0%D0%B7-%D2%B7%D0%B0%D2%B3%D0%BE%D0%BD-%D0%B0%D0%B7-%D1%82%D0%B0%D0%B1%D0%B8%D0%B0%D1%82-%D0%B1%D0%B0-%D1%81%D0%B0%D0%BD%D1%8A%D0%B0%D1%82%D0%B8-%D0%B8%D0%BD/ Аз табиат ба санъати инсонӣ: 7 муъҷизаи нави ҷаҳонӣ номида шуд] // Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30 марти 2024. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Барои дарки мантиқи ҷойгиршавӣ ва моҳияти ин осор, бояд заминаи таърихию сиёсии ташаккули онҳоро дарк намуд. Бино бар маълумоти таърихномаҳои асримиёнагӣ, дар садаҳои VII--VIII қаламрави кунунии Ванҷ ҷузъи вилояти таърихии '''Кумед''' буд, ки болооби дарёи Вахшро фаро гирифта, сарзамини имрӯзаи ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ва шимоли Бадахшонро дар бар мегирифт.<ref name="tojikiston-tarikh2">[[Таърихи Тоҷикистон]] // Википедиа. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Баъдтар, дар асрҳои миёна, Ванҷу Дарвоз як сарзамини воҳидро ташкил дода, бо номи «Курон» ёд мешуданд, ки маркази он деҳаи кунунии Кеврон будааст.<ref name="vahdat-tarikhi-shahr22">[https://vahdat.tj/22-tarihi-shar.html Таърихи шаҳр] // Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Маҳз дар ин заминаи қадимии сиёсӣ, ки бо мустақилияти нисбии маҳаллӣ ва хатари доимии ҳуҷумҳои беруна тавсиф мешуд, эҳтиёҷ ба бунёди қалъаҳои мустаҳкам ба миён омад.
Қалъаи Ванҷ дар баландии соҳили рости Ванҷоб, дар масофаи 15 км аз резишгоҳи он ба дарёи Панҷ воқеъ гашта буд. Мавқеъияти ин қалъа аз нигоҳи ҳарбию стратегӣ бисёр созгор будааст ва ба муҳофизонаш имкон медодааст, ки муддати тӯлонӣ аз худ дифоъ кунанд. Тавсифи илмии Рохарв ва қалъаи онро ҳанӯз соли '''1916''' узви Ҷамъияти ҷуғрофии Русия Д. И. Мушкетов интишор додааст.<ref name="mushketov2" /> Тибқи мушоҳидаи ӯ, қалъа бевосита дар масири корвонрав ба сӯи ағбаи Гушхон қарор дошт, ки тавассути он роҳи корвонӣ ба водии Язғулом ва аз он ҷо ба самти баландкӯҳҳои Помир мерасид;<ref name="poxod-vanch2">[https://poxod.ru/guidebook/darvaz/p_darvaz_dolinarekivagdm_a.html Долина реки Ванч] // Свободный туризм (poxod.ru). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> баъзе муҳаққиқон бар ин назаранд, ки бо назардошти ин мавқеъ, қалъа шояд дар баробари вазифаи мудофиавӣ, нақши нозироти роҳи корвониро низ адо мекардааст, ҳарчанд ин фарзия то кунун бо санадҳои мустақил тасдиқ нашудааст.
Тавсифи хеле муфассалтар ва бисёр пештара аз ин қалъа — тахминан 13 сол пеш аз мақолаи Мушкетов — ба қалами А. А. Семёнов тааллуқ дорад, ки соли 1898 шахсан аз қалъа дидан кардааст:<blockquote>«Въ низовьи р. Ванджа лежитъ самый значительный кишлакъ долины, Кал'аи-Ванджъ, или Кал'аи-Рохарвъ (крѣпость Ванджа, крѣпость Рохарвъ). Укрѣпленіе въ немъ до сихъ поръ на обрывистомъ берегу довольно хорошо сохранилось. Стѣны крѣпости—мѣстами глинобитныя, мѣстами сложены изъ кирпичей и камней. По бокамъ лицевой стороны крѣпости—двѣ полуразрушенныхъ зубчатыхъ башни.»</blockquote>Тарҷума: «Дар поёноби рӯди Ванҷ бузургтарин кишлоки водӣ ҷойгир аст — Қалъаи Ванҷ, ё Қалъаи Рохарв (қалъаи Ванҷ, қалъаи Рохарв). Истеҳкоми он то ба имрӯз дар соҳили баланди дарё нисбатан хуб нигоҳ дошта шудааст. Деворҳои қалъа ҷо-ҷо гилини, ҷо-ҷо аз хишту санг сохта шудаанд. Аз ду тарафи рӯи қалъа ду манора нимвайрони дандонадор қарор доранд».<ref name="semenov1903-p8">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 8.</ref>
Муҳимтар аз ҳама, Семёнов санаи тахминии бунёди қалъа ва номи бинокори онро сабт кардааст — маълумоте, ки то кунун дар ягон манбаи дигари дастраси мақола наомадааст:<blockquote>«Крѣпость, по преданію, была построена лѣтъ двѣсти тому назадъ дарвазскимъ ханомъ, Ази-Ханомъ, и, вѣроятно, не разъ служила хорошую службу ея защитникамъ во времена независимаго Дарваза. Теперь въ ней живетъ амлякдаръ (начальникъ округа) долины Вандж.»</blockquote>Тарҷума: «Қалъа, тибқи ривоят, тахминан дусад сол пеш аз ҷониби хони дарвозӣ — Азиз-Хон — бино ёфтааст ва, эҳтимол, борҳо ба муҳофизони худ дар давраи истиқлолияти Дарвоз хидмати шоиста кардааст. Ҳоло дар он амлокдор (сардори ноҳия)-и водии Ванҷ зиндагӣ мекунад».<ref name="semenov1903-p9">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 8--9.</ref> Азбаски китоб соли 1903 нашр шуда ва мушоҳидаи муаллиф соли 1898 сурат гирифтааст, ин ривоят санаи бунёди қалъаро тахминан ба солҳои 1698--1700 рабт медиҳад.
Семёнов инчунин ду навиштаи девории қалъаро айнан нусхабардорӣ кардааст: як байти форсӣ дар бораи гардиши бераҳмонаи рӯзгор, ва як ёдгории русии сайёҳони соли 1896 — «Прибылъ разъѣздъ 25 числа августа за старшаго общивкй Яковъ. Черновъ. и джигить Николай Кавли. и перевочикъ Ашурбай. 1896 года» (тарҷума: «Гурӯҳи саворагон 25 августи соли 1896 омад: сардор Яков Чернов, ҷигит Николай Кавли ва тарҷумон Ашурбой»).<ref name="semenov1903-p9" />
Гумон меравад, ки дар тамоми ҳавзаҳои Бадахшон сукунати одамон ба як давраи таърихӣ мансуб будааст. Ёдгориҳои манзилӣ ва меъмориву мудофеавии асримиёнагии ғарби Бадахшон, ки дар деҳаи Баравни ҷамоати деҳоти Водхуд воқеанд ва аз ҷиҳати амнияти ҳарбӣ бисёр муносибу побарҷоянд, бо камоли таассуф, то кунун таҳқиқи шоиста нашудаанд.
Нақшу нигораҳои рӯйи харсангҳои водии Язғулом, ки дар деҳаҳои Жамаг, Андарбоғ ва Мотравн ба даст омадаанд, агарчи ҳанӯз комилан омӯхта нашудаанд, гувоҳи муътамаде аз ҳузури мардум ва сукунати онон аз замонҳои бостонӣ дар ин минтақа ҳастанд. Дар байни ин сангнигораҳо, ки ба навъи умумии петроглифҳои Помиру Бадахшон шабоҳат доранд, тасвири нахчир (бузи кӯҳӣ бо шохҳои калон), саҳнаҳои шикор бо камон, рамзҳои офтобӣ (солярӣ) ва изи дасту пойи инсон бештар вомехӯранд; дар мифологияи мардумони эронитабор бузи кӯҳӣ рамзи покиву ҳосилхезӣ ва иртибот бо олами боло дониста мешавад.<ref name="ctd-monuments20242" />
Дар қаламрави Ванҷ, ба монанди дигар минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон, сағонаҳо ва дахмаҳои сангии куҳан низ аз насл ба насл боқӣ мондаанд, ки далели ошкори таърихи чандҳазорсолаи ин сарзамин мебошанд. Чунин иншооти дафнӣ, ки дар ҷойҳои махсуси сангӣ, дар баландиҳо ё ғорҳо бунёд меёфтанд, эҳтимолан боқимондаи анъанаҳои дафнии пешазисломӣ мебошанд; тибқи баъзе оинҳои қадими маҳаллӣ (аз ҷумла эътиқодоти наздик ба дини зардуштӣ), ҷасади фавтида набояд бо унсурҳои муқаддаси табиат --- хок, об ё оташ --- тамос мегирифт.<ref name="ctd-monuments20242" /> Ҳарчанд имрӯз тамоми аҳолии ноҳия мусулмони суннии ҳанафимазҳабанд ва расму оини дафни исломиро ба таври қатъӣ риоя мекунанд, мавҷудияти ин сағонаву дахмаҳо аз як давраи гузариши тӯлонии фарҳангӣ ва қабатҳои гуногуни динию эътиқодӣ дар минтақа хабар медиҳад.
Ёдгориҳои бостонии Помири Ғарбӣ, аз ҷумла мавзеъҳои қаламрави Ванҷ, дар силсилаи бунёдии «Харитаи бостоншиносии Тоҷикистон» --- муҷаллади марбут ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки бостоншинос М. А. Бубнова таълиф намудааст ва ёдгориҳои давраи сангро то садаи XX фаро мегирад, --- ба қайд гирифта шудаанд.<ref name="bubnova20082">Бубнова М. А. Горно-Бадахшанская автономная область. Западный Памир (памятники каменного века --- XX в.). --- Душанбе, 2008. --- (Археологическая карта Таджикистана).</ref>
Илова бар ёдгориҳои меъморӣ ва дафнӣ, мероси беназири саноатии Ванҷ --- боқимондаҳои кӯраҳои қадимии оҳангудозӣ (домнитсаҳо) --- низ бахши муҳими осори таърихии ноҳия ба шумор мераванд. Тибқи маълумоти иқтисоддон И. Е. Ходоров, ки соли 1929 таҳлилҳои М. С. Андреевро дар бораи ин ҳунар тасдиқ ва иқтибос овардааст, дар боварҳои мардумии ванҷиён металли ҳосили ин кӯраҳо на танҳо арзиши истеҳсолӣ, балки хосияти шифобахш низ дошт: маҳсули онро «барои табобати ҳар гуна бемориҳо пешбинӣ карда, ба ҷойи дардманд мегузоштанд».<ref name="khodorov-narhoz2" /> Ин боварҳо нишон медиҳанд, ки осори саноатии Ванҷ бо мероси ғайримоддӣ ва эътиқодоти мардумӣ пайванди зич доштааст, ва имрӯз боқимондаҳои ин кӯраҳо, харобаҳои коргоҳҳо ва партовҳои маъданӣ (шлакҳо) дар дараҳои Ванҷ метавонанд ҳамчун мавзеи нодири «бостоншиносии саноатӣ» мавриди пажӯҳиши минбаъда қарор гиранд.
Сарчашмаи аввалини сабти илмии ин ҳунар — 23 сол пеш аз рисолаи Андреев (1926) — низ ба Семёнов тааллуқ дорад:<blockquote>«Богатыя залежи желѣзной руды въ верховьяхъ р. Ванджа даютъ горцамъ Ванджской долины неисчерпаемый матеріалъ для различнаго рода желѣзныхъ издѣлій, которыя удовлетворяютъ самымъ разнообразнымъ требованіямъ домашняго обихода горныхъ таджиковъ и потому расходятся изъ этой огромной кузницы, какова долина Ванджа, по всему Дарвазу, Каратегину и Язгуляну, проникая даже въ отдаленные и трудно достижимые уголки Рошана, Шугнана и Вахана.»</blockquote>Тарҷума: «Захираҳои бойи маъдани оҳан дар болооби рӯди Ванҷ ба кӯҳистониёни водии Ванҷ маводи беохири намудҳои гуногуни маснуоти оҳанӣ медиҳанд, ки эҳтиёҷоти гуногуни рӯзгори тоҷикони кӯҳӣ қонеъ мегардонанд ва аз ин кӯрахонаи азим, яъне водии Ванҷ, ба тамоми Дарвозу Қаротегину Язғулом паҳн мешаванд, ҳатто ба гӯшаҳои дурдасту дастнораси Рӯшону Шуғнону Вахон низ ворид мегарданд».<ref name="semenov1903-p62">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 62.</ref>
Семёнов инчунин номи мушаххаси деҳаеро сабт кардааст, ки дар он раванди коркарди оҳанро шахсан мушоҳида намудааст: «Самый способъ добыванія желѣза намъ пришлось наблюдать во кишлакѣ Сытаргъ, на Ванджѣ» (тарҷума: «Худи усули истихроҷи оҳанро мо тавонистем дар кишлоки Сытарг, дар Ванҷ, мушоҳида кунем»).<ref name="semenov1903-p62" /> Ӯ ҳамчунин тавсифи мубодилаи тиҷоратии маснуоти оҳании Ванҷро бо минтақаҳои ҳамсоя овардааст: «Эти издѣлія находять большой сбыть на рынкахъ Кал'аи-Хума и въ сосѣднихъ долинахъ: Язгуляна и Оби-Хингоу, причемъ продажа на деньги совершается очень рѣдко; обыкновенно вещи мѣняются на тѣ, которыя необходимы таджикамъ Ванджа» (тарҷума: «Ин маснуот дар бозорҳои Қалъаи Хум ва водиҳои ҳамсоя — Язғулому Оби-Ҳингов — фурӯши хубе меёбанд, вале фурӯш ба пул хеле кам сурат мегирад; одатан молҳо ба он чизҳое иваз мешаванд, ки барои тоҷикони Ванҷ зарур аст»).<ref name="semenov1903-p64">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 64.</ref>
== Мардум ==
Аксарияти аҳолии ноҳия тоҷиконанд; инчунин теъдоди ангуштшумори русҳо ва намояндагони халқҳои дигар низ зиндагӣ мекунанд. Аҳолии ноҳия аз рӯи диёнат мусулмони суннии ҳанафимазҳабанд.<ref name="vanchraion2" />
Бар асоси омори саршумории саросарии Иттиҳоди Шӯравӣ аз соли '''1939''', аҳолии Ванҷ 9218 нафар буд: 9031 нафарашон ванҷиёни бумӣ, 134 нафар --- рус, 6 нафар --- тотор, 5 нафар --- узбак ва 1 нафар --- қазоқ.<ref name="demoscope2">[https://www.demoscope.ru/weekly/ssp/ussr_nac_39_ra.php?reg=1166 Всесоюзная перепись населения 1939 года. Национальный состав населения районов, городов и крупных сёл союзных республик СССР: Ванчский район] (рус.) // Демоскоп Weekly. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Бино ба омори соли 1979 аҳолии Ванҷ 15 855 нафар ва тибқи омори 1992 --- 22 700 нафарро ташкил медод. Тибқи маълумоти расмӣ, соли '''2009''' дар ноҳия 30 700 нафар зиндагӣ мекард ва тамоми аҳолии он деҳотист.<ref name="badakhshon-vanj2" /> Тибқи омори соли '''2024''' аҳолии Ванҷ ба 35 400 нафар расид. Бар асоси муқоисаи ин ду омор метавон чунин натиҷагирӣ кард, ки тайи 85 сол суръати миёнаи афзоиши солонаи аҳолии Ванҷ тақрибан 1,6 % будааст. Мардуми водии Язғулом ҳиссаи назарраси аҳолии ноҳияро ташкил медиҳанд.
Азбаски беш аз 90 дарсади масоҳати умумии ноҳия (4430,5 км²)-ро пиряхҳо, қуллаҳои баландкӯҳ ва нишебиҳои санглохи корношоям фаро мегиранд, зичии расмии аҳолӣ (тақрибан 7,7--8 нафар дар як километри мураббаъ) манзараи воқеии ҷойгиршавии аҳолиро пурра инъикос намекунад --- амалан тамоми сокинон дар як рахи танги қад-қади дарёҳои Ванҷобу Язғулом мутамарказ шудаанд.<ref name="badakhshon-vanj2" /> Ин номутаносибии шадид миёни рушди табиии аҳолӣ ва маҳдудияти мутлақи заминҳои корам (соли 2012 ҳамагӣ 1381 гектар, баъдан бо азхудкунии заминҳои нав ба 2601 гектар расида)<ref name="badakhshon-vanj2" /> яке аз сабабҳои асосии муҳоҷирати меҳнатии ноҳия маҳсуб мешавад (ниг. бахши [[Ноҳияи Ванҷ#Муҳоҷирати меҳнатӣ|«Муҳоҷирати меҳнатӣ»]]).
{| class="wikitable" style="text-align:center"
|+Динамикаи шумораи аҳолӣ (ҳазор нафар), 1939--2013
!сол
!1939
!1979
!1992
!1995
!2000
!2002
!2003
!2004
!2005
!2006
!2007
!2008
!2009
!2011
!2012
!2013
|-
|шумора
|9,2
|15,9
|22,7
|28,4<ref name="masov-pirumshoev20112" />
|28,5<ref name="masov-pirumshoev20112" />
|28,3<ref name="masov-pirumshoev20112" />
|29,9<ref name="masov-pirumshoev20112" />
|30,1<ref name="masov-pirumshoev20112" />
|28,8<ref name="masov-pirumshoev20112" />
|30,3<ref name="masov-pirumshoev20112" />
|33,4<ref name="masov-pirumshoev20112" />
|29,7<ref name="masov-pirumshoev20112" />
|30,7<ref name="badakhshon-vanj2" />
|30,8
|31,1
|31,3

|+Динамикаи шумораи аҳолӣ (ҳазор нафар), 2014--2024
!сол
!2014
!2015
!2016
!2017
!2018
!2019
!2020
!2021
!2022
!2023
!2024
|-
|шумора
|31,7
|31,9
|32,4
|32,9
|33,6<ref name="stat20192">Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2019 года. Сообщение Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан (рус.).</ref>
|34,1<ref name="stat20192" />
|34,4<ref name="stat20202">[https://web.archive.org/web/20210601101228/http://stat.ww.tj/posts/July2020/macmua_20201.pdf Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2020 года] (рус.) // Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
|34,1
|34,4
|35,1
|35,4
|}
Барои солҳои 1995--2008 омори мазкур (арзиши «умумӣ», яъне аҳолии доимии сабтшуда) бар асоси таҳлили муфассали демографии Р. Масов ва Ҳ. Пирумшоев дар «Файзи истиқлол дар "Боми ҷаҳон"» (Душанбе, 2011, саҳ. 362--363) илова карда шуд. Барои солҳои 1992 ва 2009 бошад, бо мақсади нигоҳ доштани пайдарпаии рақамҳои аллакай сабтшуда аз сомонаи расмии badakhshon.tj, арзиши аслии қаблӣ боқӣ монд.
=== Фарҳанги моддӣ: либоси анъанавӣ ===
Дар шароити сарди кӯҳистони Ванҷу Бадахшон, дар гузашта истифодаи матоъҳои пашмину чармӣ бартарӣ дошт ва мероси бофандагии маҳаллӣ ба истеҳсоли матоъҳои худӣ бо рангҳои табиии гиёҳии кӯҳӣ асос меёфт.<ref name="sherdilova-diss2">[https://www.ddzt.tj/images/2022/10/diss%20sherdilova.pdf Таҳқиқоти этнолингвистии лексикаи гӯйиши тоҷикони водии Ғорон] // Диссертатсия. Санҷида шуд 24 июли 2026.</ref> Либоси занонаи суннатӣ асосан аз курта, эзор, пойафзол, сарбанд ва ороишоти гуногун иборат буд; таърихан ду намуди курта маъмул буд --- куртаи якқади камартангу доманвасеъ, ки пиразанон мепӯшиданд, ва куртаҳои камзулчадор бо гиребони буғак (уфуқӣ буридашуда бо зеҳгулу гулдӯзӣ), ки духтарону арӯсон ба бар мекарданд.<ref name="unesco-libos2">[[Либоси миллии тоҷикон]] // Википедиа. Санҷида шуд 24 июли 2026.</ref> Дар минтақаи Бадахшон, аз ҷумла Ванҷу Язғулом, унсурҳои хоси либоси кӯҳистонӣ --- тоқии мудаввар бо нақшҳои гулдӯзии дақику пӯпак ва ҷӯробҳои ғафси пашмин бо нақшҳои ҳандасии бисёрранг (нақши офтоб, шохи қӯчқор, чалипо ва ғайра) --- то имрӯз аҳамияти худро гум накардаанд.<ref name="unesco-libos2" />
=== Фарҳанги моддӣ: манзил ва хоҷагии деҳот (тибқи маълумоти асри XIX) ===
Тавсифи қадимтарини хусусиятҳои хоси манзилу хоҷагии Ванҷ ба А. А. Семёнов (1898) тааллуқ дорад. Ӯ анборчаҳои хоси болои сутунро ба қайд гирифтааст: «На Ванджѣ и мѣстами по Пянджу встрѣчаются подъ хижинъ еще небольшіе, съ плоскими крышами, амбарчики (амбаръ) для хлѣба и разнаго скарба... они воткнуты надъ землею на четырехъ (подъ углами) камняхъ или столбахъ» (тарҷума: «Дар Ванҷ ва ҷо-ҷо дар Панҷ, наздики хонаҳо анборчаҳои хурди боми ҳамвор (амбор) барои нону дигар молу ашё вомехӯранд... онҳо болои замин, бар чор санг ё сутуни канҷакӣ гузошта шудаанд»).<ref name="semenov1903-p34">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 34.</ref>
Дар бораи нақшу нигори деворҳои хонаҳои Ванҷ низ маълумот овардааст: «По Сурхобу и Хингобу, Ванджу и Пянджу на стѣнахъ многихъ хижинъ попадаются и орнаменты въ видѣ пятенъ, различныхъ безпорядочныхъ линій или же въ видѣ дѣтски намалеванныхъ фантастическихъ деревьевъ» (тарҷума: «Дар канори Сурхобу Ҳингов, Ванҷу Панҷ дар деворҳои бисёр хонаҳо нақшу нигор ба шакли доғ, хатҳои бетартиби гуногун ё дарахтони хаёлии кӯдакона кашидашуда вомехӯранд»).<ref name="semenov1903-p36">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 36.</ref>
Хонаи тобистонаи хоси Ванҷ («чолеб») низ дар ин асар қайд шудааст: «По Ванджу и отчасти на Пянджу, кромѣ описанныхъ зимнихъ помѣщеній, встрѣчаются еще спеціальныя лѣтнія жилища (чолѣбъ), чего нѣтъ нигдѣ въ прочихъ мѣстахъ» (тарҷума: «Дар Ванҷ ва қисман дар Панҷ, ба ғайр аз хонаҳои зимистонаи тавсифшуда, боз хонаҳои махсуси тобистона (чолеб) вомехӯранд, ки дар ҷойҳои дигар вуҷуд надоранд»).<ref name="semenov1903-p44">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 44.</ref>
Ниҳоят, Семёнов камбизоатии заминҳои Ванҷ ва такягоҳи мардум ба дарахти туг (мевадиҳандаи табиӣ)-ро тавсиф кардааст: «Мѣстами, какъ, напримѣръ, на Вахіо, на Ванджѣ и въ Дарвазъ по Пянджу, гдѣ природа бѣдна и преобладаетъ каменистая почва... существованіе населенія находится въ тѣсной зависимости отъ туга» (тарҷума: «Дар баъзе ҷойҳо, масалан дар Ваҳё, дар Ванҷ ва дар Дарвози канори Панҷ, ки табиат камбизоату хоки санглох бартарӣ дорад... мавҷудияти аҳолӣ ба туг вобастагии зич дорад»).<ref name="semenov1903-p56">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 56.</ref>
Дар ҳамин китоб, ду намунаи фолклори мардуми Ванҷ низ бори аввал сабт гардидаанд: масали «Инсон ва Мор» ва ҳикояи «Писари вазир», ки ҳарду аз забони як шахси мушаххас — Сохибназар аз деҳаи Техарви болооби Ванҷ — навишта шудаанд: «Записано со словъ Сохиб-Назара, изъ кишлака Техарвъ, въ верховьяхъ р. Ванджа въ Дарвазѣ» (тарҷума: «Аз забони Сохибназар, аз кишлоки Техарв, аз болооби рӯди Ванҷ дар Дарвоз, сабт шудааст»).<ref name="semenov1903-p99">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 99--100.</ref>
=== Расму оинҳои мотамӣ ===
Маросимҳои марбут ба давраҳои муҳими зиндагии инсон, аз ҷумла маросими мотаму дафн, дар Ванҷу Язғулом хусусиятҳои бениҳоят куҳан ва омехта аз эътиқодоти пешазисломию исломӣ (синкретӣ) то ба имрӯз нигоҳ доштаанд; ин расмҳо аз ҷониби мардумшиносони барҷаста, аз ҷумла М. С. Андреев, И. Л. Моногарова ва А. З. Розенфелд, мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд.<ref name="rasmu-oin-khovar2">[https://khovar.tj/2017/09/rasmu-oin-va-anana-o-dar-ruzgori-mardumi-to-ik-mav-ei-mu-im-dorand/ Расму оин ва анъанаҳо дар рӯзгори мардуми тоҷик мавқеи муҳим доранд] // АМИТ «Ховар», сентябри 2017. Санҷида шуд 24 июли 2026.</ref> Дар ҷаҳонбинии мардуми кӯҳистон марг на анҷоми мутлақ, балки гузариш ба дунёи дигар ва оғози сафари нави рӯҳ дониста мешавад. Аз ҷумла, агар марҳум ҷавон бошад, барои гусели ӯ тобути махсусе бо матоъҳои равшану рангоранг (на сиёҳ) омода мекунанд, ки бо номи «гаҳвораи ноз» маъруф аст --- ташбеҳи мустақими марг бо таваллуди дубора дар олами дигар, ки Розенфелд онро расми хеле куҳан ва боқимонда аз тасаввуроти бостонии мардуми ориёӣ арзёбӣ кардааст.<ref name="rasmu-oin-khovar2" />
=== Айлоқравӣ ва расму оинҳои кишоварзӣ ===
Иқтисодиёти суннатии мардуми Ванҷ ба ду унсури ба ҳам вобаста --- кишоварзӣ дар водиҳои танги поёнӣ ва чорводорӣ дар чарогоҳҳои баландкӯҳӣ --- такя мекунад. Ҳар сол дар аввали тобистон, вақте ки заминҳои поёнӣ барои кишти ғалла, картошка ва сабзавот истифода мешаванд, раванди муҳоҷирати мавсимии подаи чорво ба чарогоҳҳои тобистонаи баландкӯҳ, ки бо номи «айлоқ» маъруф аст, оғоз мегардад.<ref name="rasmu-oin-khovar2" /> Хусусияти ҷолиби ин кӯчиш дар он аст, ки қариб тамоми аҳли деҳа, бахусус занону кӯдакон, дар як рӯзи муайяншуда дастаҷамъӣ ба айлоқ мераванд, дар ҳоле ки қисме аз мардон дар деҳа мемонанд, то корҳои саҳроӣ ва обёрии заминро анҷом диҳанд.
Дар айлоқҳо занон тамоми тобистон машғули ҷӯшидани шир, тайёр кардани маска, равғани зард, дӯғу мосту тарфу ва қурут мешаванд.<ref name="rasmu-oin-khovar2" />
== Забон ==
Мардуми Ванҷ бо гӯиши ванҷии забони тоҷикӣ сухан мегӯянд. Дар водии Язғулом бошад, яке аз [[забонҳои помирӣ]] --- [[забони язғуломӣ]] роиҷ аст.
Лаҳҷаи ванҷии забони тоҷикӣ дар водии Ванҷ аз нимаи дуюми асри XIX густариш ёфта, забони бумии помириро, ки бо номи ванҷӣ маъруф буд, дар поёни ҳамин аср аз байн бурд. Забони ванҷӣ наздиктарин хеши забони язғуломӣ буда, ба гурӯҳи «шимолии» забонҳои помирӣ дар қатори язғуломӣ ва (эҳтимолан) саргуломӣ дохил мешуд. Мутахассисон аз байн рафтани онро ба охири асри XIX нисбат медиҳанд; мардумшиносон дар ибтидои асри XX аз ин забон танҳо чанд даҳ вожаро сабт карда тавонистаанд.<ref name="pamirlang22">[https://tapemark.narod.ru/les/363a.html Памирские языки] (рус.) // Лингвистический энциклопедический словарь. --- М.: Советская энциклопедия, 1990.</ref><ref name="bre-pamir22">[https://old.bigenc.ru/linguistics/text/2701306 Памирские языки] (рус.) // Большая российская энциклопедия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Лаҳҷаҳои ванҷии забони тоҷикӣ мавзӯи таҳқиқи бунёдии эроншиноси рус А. З. Розенфелд гардидаанд, ки соли '''1964''' дар Ленинград монографияи махсуси «Ванджские говоры таджикского языка»-ро дар ҳаҷми 151 саҳифа ба табъ расонидааст.<ref name="rozenfeld196422">Розенфельд А. З. Ванджские говоры таджикского языка / ЛГУ им. А. А. Жданова. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- 151 с.</ref> Дар гуфтугӯи мардуми Ванҷ ҷӯйборҳои лозурӣ, ки деҳаҳо дар канораи онҳо бино ёфтаанд, «даргов» номида мешаванд; ба ақидаи Ҳ. Пирумшоев, ин вожа гунаи тағйирёфтаи ибораи «даргоҳи об» аст.<ref name="pirumshoev-web2" />
Бархе донишмандони рус, монанди И. И. Зарубин, А. З. Розенфелд ва дигарон, назарияеро дар бораи вуҷуди куҳанзабони ванҷӣ (русӣ: старованджский язык) ироя кардаанд, ки тибқи он ин забон тақрибан дусад сол пеш аз байн рафта, гӯиши кунунии ванҷӣ ҷойгузинаш шудааст. И. И. Зарубин дар ин маврид мегӯяд:
Забони куҳнаи ванҷӣ дар водии Ванҷ (шохоби рости Панҷ) ва саргуломӣ дар болооби дарёи Саргулом, дар шарқи вилояти Файзободи Афғонистон ривоҷ дошт. Тақрибан дусад сол пеш лаҳҷаҳои тоҷикӣ ҷои онҳоро гирифтанд.
Забони язғуломӣ, ки дар шаш деҳаи ҷамоати Язғулом ба кор меравад, забони бехат аст ва шумораи гӯяндагонаш тақрибан 3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад; аксари язғуломиён дузабонаанд ва забони тоҷикиро низ медонанд.<ref name="yazgulyam-les22">[http://tapemark.narod.ru/les/604b.html Язгулямский язык] (рус.) // Лингвистический энциклопедический словарь. --- М.: Советская энциклопедия, 1990.</ref><ref name="bre-yazg22">[https://old.bigenc.ru/linguistics/text/4924529 Язгулямский язык] (рус.) // Большая российская энциклопедия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Таҳқиқи бунёдии ин забон ба қалами эроншиноси маъруф Д. И. Эделман тааллуқ дорад, ки соли '''1966''' дар Маскав монографияи «Забони язғуломӣ»-ро ба табъ расонидааст.<ref name="edelman22">Эдельман Д. И. Язгулямский язык. --- М.: Наука, 1966.</ref> Пас аз муҳоҷирати соли '''1954''' бахше аз язғуломизабонон дар ноҳияи Куйбишеви водии Вахш низ сокин шуданд ва забони язғуломӣ то кунун дар он ҷо низ ба кор меравад.<ref name="fieldling2" />
Дар «Атласи забонҳои дар хатар қарордоштаи ҷаҳон»-и ЮНЕСКО (таҳти таҳрири Кристофер Мозли, соли 2010), забони язғуломӣ ба зумраи забонҳои осебпазир (Vulnerable) дохил гардидааст.<ref name="unesco-atlas2">Moseley Chr. (ed.) Atlas of the World\'s Languages in Danger. --- 3rd ed. --- Paris: UNESCO Publishing, 2010.</ref> Тибқи ҳамин Атлас, аз 15 забони дар хатар қарордоштаи Осиёи Марказӣ, 11-тояш дар Тоҷикистон, бештараш дар ҳудуди ВМКБ, роиҷ аст.<ref name="ap-unesco20172">[https://old.asiaplustj.info/en/news/tajikistan/society/20170629/unesco-publishes-atlas-of-the-worlds-languages-in-danger UNESCO publishes atlas of the world\'s languages in danger] (англ.) // Тоҷикистон Ньюз Азия-Плюс, 29 июни 2017. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Пажӯҳиши ҷомеашиносии забонии Д. Пол, Э. Аббесс, К. Мюллер, К. Тиссен ва Г. Тиссен нишон медиҳад, ки муносибати сокинони водии Язғулом ба ҳарду забон --- язғуломӣ ва тоҷикӣ --- мусбат аст: забони модарӣ дар зиндагии рӯзмарра пурқувват боқӣ монда, ҳеҷ нишонае аз ҷойивазкунии он бо забони тоҷикӣ мушоҳида намешавад, ҳарчанд забони тоҷикиро низ дар баъзе ҳавзаҳо муфид медонанд.<ref name="paul20102">Paul D., Abbess E., Müller K., Tiessen C., Tiessen G. Language Access and Tajik Language Proficiency among the Yazghulami of Tajikistan. --- SIL International, 2010.</ref> Дар пойгоҳи байналмилалии таснифи забонҳо «Глоттолог» забони куҳани ванҷӣ бо рамзи «oldw1238» ва забони язғуломӣ бо рамзи «yazg1240» сабт шудаанд.<ref name="glottolog2">Glottolog 5.0, коди «oldw1238» (забони куҳани ванҷӣ) ва «yazg1240» (забони язғуломӣ).</ref>
== Бахшбандӣ ==
Бар асоси Қонуни тақсимоти маъмурию ҳудудии кишвар, ноҳияи Ванҷ аз 1 шаҳрак (Ванҷ) ва 6 [[ҷамоат]] иборат аст:<ref name="fehrist22">Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. --- Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013. --- 332 с.</ref>
{| class="wikitable"
|+Ҷамоатҳои ноҳияи Ванҷ
!Ҷамоат
!Аҳолӣ (нафар)
!Деҳаҳо
|-
|ба номи Маҳмадулло Абдуллоев
|10 983
|Бичхарв, Бодалд, Ускроғ, Роғ, Дашти Роғ, Панҷшанбеобод, Убари Даргов, Рохарв, Гушхун, Ғумаяк, Бовуд, Одешт, Ҷангали Зуго
|-
|Водхуд
|2178
|Пшихарв, Даштак, Лугад, Бунига, Узбай, Лахш, Баравн, Баравни Таг, Баравни Тор, Ваҳдат, Вравз
|-
|Ҷовидон
|4201
|Бунай, Рав, Жовуд, Потов, Арнавад, Убго
|-
|Рованд
|5573
|Ширговад, Ғиҷоваст, Мудеҳарв, Вишхарвак, Старғ, Ғӯмас, Мурғутга, Рованд, Гармчашма, Ван-Ван, Сунгад, Поймазор
|-
|Техарв
|3401
|Гич, Садвадг, Сед, Шаврӯ, Техарв, Чихох, Удоб, Равгада
|-
|Язғулом
|6065
|Мотравн, Вишхарв, Будун, Шавуд, Андарбоғ, Жамаг
|}
Дар санадҳои расмии солҳои охир ҷамоати марказии ноҳия бо номи «деҳоти Маҳмадулло Абдуллоев» зикр мегардад.<ref name="khovar-ubari22" />
== Хоҷагидорӣ ==
Соҳаҳои асосии хоҷагидории ноҳия ғаллакорӣ, чорводорӣ, боғдорӣ ва сабзавоткорист; дар замони шӯравӣ тамокукорӣ низ соҳаи асосӣ буд. Соли '''1939''' дар тамоми ВМКБ 123 колхоз мавҷуд буд, аз ҷумла дар Ванҷ 30 колхоз таъсис дода буданд.
Водии Водхуд аз қадим бо ҳосилхезии замин ва фаровонии тути худ ном баровардааст: захираи ғалла ва меваи хушки ин мавзеъ (тут, зардолу, себ) на танҳо сокинони маҳаллӣ, балки деҳоти камзамини ҳамсояро низ аз танқисӣ мераҳонд ва ибораи мардумии «тути Водхуд пухт, имсол ҳам ҷон ба саломат бурдем» аз ҳамин воқеият бармеояд.<ref name="pirumshoev-web2" />
Дар ноҳия 53 хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд аст. Майдони умумии заминҳои хоҷагӣ 14 417 гектар аст, аз ҷумла заминҳои корам --- 1381 гектар (2012), чарогоҳҳо --- 1219 гектар, боғҳо --- 734 гектар. Тибқи омори соли '''2012''' дар ноҳияи Ванҷ 2478 тонна ғалла, 1924 тонна гӯшт, 1 млн дона тухм, 3742 тонна шир, 157 тонна чормағз, 6353 тонна сабзавот ва 11 295 тонна картошка ба даст омад. Бар асоси омори соли '''2011''', шумораи чорво дар хоҷагиҳо чунин буд: гов --- 15 234 сар, гӯсфанду буз --- 32 498 сар.
Дар давоми даҳсолаи охир сохтори хоҷагидории ноҳия ба таври куллӣ дигаргун шуд: ба ҷои 53 хоҷагии деҳқонии соли 2012, имрӯз 14 ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ 120 хоҷагии инфиродиро бо фарогирии 3217 саҳмдор муттаҳид месозад.<ref name="jumhuriyat-kishovarzi2">[https://jumhuriyat.tj/6928-van-rushdi-soai-kishovarz-dar-noija.html Ванҷ. Рушди соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия] // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Майдони умумии заминҳои корам ба 2601 гектар расидааст, ки аз он бештар аз 1080 гектарро боғҳои мевадиҳанда ташкил медиҳанд; танҳо дар бист соли охир 282 гектар замини нав аз худ карда шудааст.<ref name="khovar-boghparvari20252">[https://khovar.tj/2025/11/dar-no-iyai-van-so-ai-bo-parvar-rushd-meyobad/ Дар ноҳияи Ванҷ соҳаи боғпарварӣ рушд меёбад] // АМИТ «Ховар», 18 ноябри 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Тибқи таҳлилҳои муқоисавӣ, дар зарфи се даҳсолаи охир истеҳсоли ғалладонагиҳо тақрибан 6 баробар, картошка 8 баробар, сабзавот 16 баробар ва мева 42 баробар афзудааст.<ref name="jumhuriyat-jashniistiqlol2">[https://jumhuriyat.tj/print:page,1,1536-van-ashni-istilol-mondagor-hoad-bud.html Ванҷ. Ҷашни истиқлол мондагор хоҳад буд] // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Танҳо то охири моҳи октябри соли 2025 аз боғоти ноҳия 2205 тонна меваи тару тозаву хушк ба бозорҳои хориҷӣ ва шаҳрҳои калони ҷумҳурӣ содирот гардид,<ref name="khovar-boghparvari20252" /> ва моҳи августи соли 2023 кишоварзони ноҳия дар ярмаркаи Боғи «Куруши Кабир»-и Душанбе зиёда аз 13 тонна маҳсулоти тару тоза ба сокинони пойтахт пешниҳод карданд.<ref name="khovar-namoishfurushi2">[https://khovar.tj/2023/08/namoish-fur-shi-ma-suloti-kishovarz-az-onibi-kishovarzoni-no-iyai-van-ma-suloti-mavridi-niyozi-avval-ba-sokinoni-dushanbe-peshni-od-gardid/ Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби кишоварзони ноҳияи Ванҷ] // АМИТ «Ховар», августи 2023. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Аз соли '''2009''', вақте ки дар ноҳия аввалин ду гармхонаи намунавӣ ба кор дароварда шуданд,<ref name="khovar-garmhona20092">[https://khovar.tj/2009/08/dar-van-1206-garmhona-1202-o-ba-kor-daromadand/ Дар Ванҷ гармхонаҳо ба кор даромаданд] // АМИТ «Ховар», августи 2009. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> технологияи гармхонагӣ дар қисматҳои поёнии ноҳия паҳн шудааст. Дар давраи охир, дар ҳамкорӣ бо мутахассисони минтақаи илмӣ-таҷрибавии «Ҷангали Зуго»-и Институти биологии Помир, соҳибкор Ҳайдар Фаёзов аз деҳаи Гишхун дар ноҳия парвариши озмоишии лимӯ ва дигар меваҳои ситрусиро оғоз кард --- навъе, ки то ҳол дар ВМКБ танҳо хоси баъзе минтақаҳои ноҳияи Дарвоз буд.<ref name="jumhuriyat-limu2">[https://jumhuriyat.tj/print:page,1,3033-van-avlavijat-ba-rushdi-limparvar.html Ванҷ. Авлавият ба рушди лимӯпарварӣ] // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Чорводорӣ ва занбӯриасалпарварӣ ===
Дар муқоиса бо давраи пеш аз истиқлол, дар ноҳия саршумори чорвои калону майда дар маҷмуъ 2 баробар, истеҳсоли гӯшт 4 баробар ва истеҳсоли тухм 31 баробар афзудааст.<ref name="jumhuriyat-jashniistiqlol2" /> Тибқи омори соли 2023, саршумори чорвои калони шохдор ба 17 135 сар (нисбат ба 15 234 сар дар соли 2011) ва моли майда (гӯсфанду буз) ба 41 000 сар (нисбат ба 32 498 сар) расидааст; ҳамчунин дар хоҷагиҳои ноҳия 41 350 сари парранда ва 1082 оилаи занбӯри асал ба қайд гирифта шудааст.<ref name="jumhuriyat-jashniistiqlol2" /><ref name="jumhuriyat-kishovarzi2" /> Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди занбӯриасалпарвариро яке аз воситаҳои пасткунандаи камбизоатӣ ва таъминкунандаи шуғли деҳот муайян кардааст.
Сарватҳои зеризаминии ноҳия: пахтасанги кӯҳӣ (асбест), молибден, мармар ва ғайра; инчунин конҳои никел, оҳансанг ва оҳак мавҷуданд.
=== Муҳоҷирати меҳнатӣ ===
Мисли аксари минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон, иқтисодиёти хонаводаҳои Ванҷ ба таври назаррас аз муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳаволапулиҳо вобаста аст. Тибқи арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ аз моҳи ноябри соли '''2025''', ҳаволапулиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ беш аз 30 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд ва, гарчанде вобастагӣ ба ин маблағҳо сатҳи камбизоатиро коҳиш додааст, нобаробарии даромад (нишондиҳандаи Гини) аз 32 то 38 дар байни солҳои 2021 ва 2023 афзудааст; ВМКБ дар қатори минтақаҳое зикр шудааст, ки бо маҳдудиятҳои шадиди ҷуғрофиву иқлимӣ рӯбарӯянд.<ref name="wb2025poverty2">[https://www.worldbank.org/en/country/tajikistan/publication/poverty-and-equity-assessment Tajikistan Poverty and Equity Assessment] (англ.) // Бонки Ҷаҳонӣ, ноябри 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Пажӯҳиши умумимиллии соҳаи тандурустӣ доир ба муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон нишон додааст, ки дар байни панҷ минтақаи кишвар (Душанбе, ВМКБ, Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ), ҳиссаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар аҳолии ВМКБ (49,59 фоиз аз намунаи пажӯҳишӣ) назар ба дигар минтақаҳо (камтар аз 32 фоиз) хеле баландтар будааст.<ref name="hiv-migrants2">[https://www.ncbi.nlm.nih.gov/pmc/articles/PMC11679146/ Inclusion of Labor Migrants as a Potential Key Population for HIV: A Nationwide Study from Tajikistan] (англ.) // PMC/NCBI. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар маҷмуи умумимиллӣ, беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон ҳарсола барои кор ба Русия мераванд; ҳаволапулиҳо дар соли 2013 қариб нисфи маҷмуи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медоданд, ки то соли 2018 ба тақрибан 30 фоиз (2,2 миллиард доллари ИМА) коҳиш ёфт.<ref name="mpi20222">[https://www.migrationpolicy.org/article/dependent-remittances-tajikistan-prospects-dim-economic-growth Dependent on Remittances, Tajikistan\'s Long-Term Prospects for Economic Growth and Poverty Reduction Remain Dim] (англ.) // Migration Policy Institute. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Саноат ===
Дар ноҳия корхонаҳои хурди саноатӣ --- сехи чӯҷабарорӣ, заводи хишти «Лугад», ҶДММ «Хрустал» --- фаъолият доранд. Дар Ванҷ бозорҳои марказӣ ва марзӣ низ амал мекунанд.
'''25 июни соли 2025''' дар ноҳия корхонаи истеҳсоли калсит, коркарди мармар ва сангҳои ороишии ҶСК «Мармар Стоун» ба кор шурӯъ кард, ки иқтидори солонаи он 40 ҳазор тонна маҳсулот буда, 40 сокини маҳаллиро бо ҷои кори доимӣ таъмин намудааст. Корхона чор хатти истеҳсолӣ дорад ва дар он беш аз 20 навъи санги табиӣ коркард мешавад; иқтидори истеҳсоли тахтасангҳои ороишӣ (мозаика) 10 ҳазор м³ ва коркарди санги мармар 160 ҳазор м³ дар як солро ташкил медиҳад.<ref name="ap20252">[https://asiaplus.news/tg/2025/06/25/safari-emomal%d3%a3-ra%d2%b3mon-ba-vmkb-az-van%d2%b7-o%d2%93oz-shud-prezident-dar-in-no%d2%b3iya-kadom-inshootro-ba-istifoda-dod/ Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ аз Ванҷ оғоз шуд. Президент дар ин ноҳия кадом иншоотро ба истифода дод?] // Asia-Plus, 25 июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="pt5127222">[https://prezident.tj/event/news/51272 Ифтитоҳи корхонаҳои истеҳсоли калсит, коркарди мармар ва сангҳои ороишии ҶСК «Мармар Стоун» дар ноҳияи Ванҷ] // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
Дар ҳамон рӯз Парки саноатии ноҳия мавриди истифода қарор гирифт, ки дар масоҳати 788 м² ҷойгир буда, 6 корхонаи хурди истеҳсолиро фаро мегирад: истеҳсоли макарон, бандубасти маҳсулоти лӯбиёгӣ, коркарди равғани чормағз, коркард ва бандубасти меваи хушк, истеҳсоли собун ва дару тирезаҳои пластикӣ. Фаъолияти парк дар маҷмуъ 36 сокини маҳаллиро бо кор таъмин мекунад.<ref name="ap20252" /><ref name="pt5128422">[https://prezident.tj/event/news/51284 Ифтитоҳи Парки саноатии ноҳияи Ванҷ] // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
Дар доираи ҳамин парк, инчунин корхонаи коркарди равғани ангат (Hippophae rhamnoides) --- растании шифобахши худрӯй, ки дар қад-қади дарёҳои ноҳия фаровон мерӯяд --- ба кор шурӯъ кардааст; иқтидори он то 500 килограмм равғани холис дар як сол буда, аз ин ашё то 12 навъи маҳсулоти фармасевтию косметологӣ омода карда мешавад.<ref name="ctd-marmarstone2">[https://ctd.tj/2025/06/25/%D0%BF%D1%80%D0%B5%D0%B7%D0%B8%D0%B4%D0%B5%D0%BD%D1%82%D0%B8-%D2%B7%D1%83%D0%BC%D2%B3%D1%83%D1%80%D0%B8%D0%B8-%D1%82%D0%BE%D2%B7%D0%B8%D0%BA%D0%B8%D1%81%D1%82%D0%BE%D0%BD-%D1%8D%D0%BC%D0%BE%D0%BC-95/ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ] // Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ, июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Пеш аз таъсиси ин корхона, дар деҳаи Ғуҷоваст соҳибкорзан Васила Ғафурова коргоҳи хурди коркарди ангатро таъсис дода буд, ки маводи он берун аз ноҳия низ харидор пайдо кардааст.<ref name="ap20252" /> Барои дастгирии соҳибкории хурду миёна дар солҳои 2018--2019 ба соҳибкорони ноҳия зиёда аз 6,5 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шудааст.<ref name="president-domestic167392">[https://www.president.tj/event/domestic_trips/16739 Сафарҳои дохилӣ] // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Энергетика ===
Дар Ванҷ чандин неругоҳи хурди барқи обӣ (НБО) фаъолият мекунад. Аз ҷумла, НБО-и «Техарв» дар дарёи Ванҷ бо иқтидори 400 кВт таҷдид гардида, ба шабакаи ягонаи барқи кишвар пайваст карда шудааст; НБО-и «Андарбак» дар водии Язғулом ба шабакаи ширкати «Помир Энерҷӣ» пайваст аст.<ref name="techarv22">[http://www.cawater-info.net/best-practices/ru/base/marker/21 Реконструкция МГЭС Техарв на реке Ванч мощностью 400 кВт в Ванчском районе Горно-Бадахшанской автономной области] (рус.) // CAWater-Info. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Таҳлилҳои соли 2021 нишон дода буданд, ки шабакаҳои барқии ноҳия ҳамагӣ 2,6 мегаватт барқ истеҳсол мекунанд, дар ҳоле ки барои фаъолияти пуриқтидори корхонаҳои нави саноати кӯҳӣ (ба мисли «Мармар Стоун») беш аз 5,6 мегаватт лозим буд.<ref name="khovar-3108122">[https://khovar.tj/2021/07/310812/ Имсол дар Ванҷ дар 15 гектар боғи нав бунёд карда шуд] // АМИТ «Ховар», июли 2021. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Моҳи '''июни соли 2025''' хатти интиқоли барқи дузанҷираи 35 ва 110-киловолтаи Хоруғ--Рӯшон бо дарозии 67,5 км ва зеристгоҳи «Ҷангал» ба маблағи умумии 114 миллион сомонӣ ба истифода дода шуд, ки интиқоли муназзами неруи барқро ба ноҳияҳои Рӯшон, Ванҷ ва Дарвоз ба маротиб беҳтар мегардонад; ҳамзамон сохтмони хатти 42-километраи интиқоли барқи 110-киловолта аз маркази ноҳияи Рӯшон то зеристгоҳи «Вознавд» оғоз ёфт, ки ба истифода додани он дар нимсолаи аввали соли 2026 пешбинӣ шудааст.<ref name="khovar-speech202522">[https://khovar.tj/2025/06/suhanronii-prezidenti-um-urii-to-ikiston-peshvoi-millat-emomal-ra-mon-dar-mulo-ot-bo-ro-baron-va-faoloni-viloyati-muhtori-k-istoni-badahshon/ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон] // АМИТ «Ховар», июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Нақлиёт ===
Нақлиёти ноҳия асосан автомобилист; як фурудгоҳи хурд ҳам дар шаҳраки Ванҷ (Рохарв) вуҷуд дорад. Қаламрави ғарбии ноҳия дар масири шоҳроҳи байналмилалии Душанбе--Кӯлоб--Дарвоз--Хоруғ--Мурғоб--Қулма қарор дорад; лоиҳаи таъмиру таҷдиди қитъаи ин шоҳроҳ аз Қалъаихумб то Ванҷ ва сарҳади ноҳияи Рӯшон арзиши умумии 2,5 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки то имрӯз корҳо ба маблағи 900 миллион сомонӣ анҷом ёфтаанд.<ref name="president-node236002">[https://president.tj/node/23600 Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ванҷ] // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> '''25''' июни соли 2025 '''роҳи мошингарди маркази ноҳия то нуқтаи пайвастшавӣ ба''' ин шоҳроҳ, иборат аз ду хатти ҳаракат бо дарозии умумии 16 км, пас аз таҷдид ба истифода дода шуд; дар дарозои роҳ истгоҳҳои нақлиётӣ ва гузаргоҳҳо барои пиёдагардон бунёд гардидаанд.<ref name="ap20252" /><ref name="pt5126822">[https://prezident.tj/event/news/51268 Ифтитоҳи роҳи маркази ноҳияи Ванҷ то нуқтаи пайвастшавӣ ба шоҳроҳи Душанбе--Кулма] // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
'''23 июни соли 2025''' ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» пас аз ёздаҳ соли танаффус (парвози охирин соли '''2014''' сурат гирифта буд) хатсайри ҳавоии Душанбе--Ванҷ--Душанберо аз нав кушод: парвози нахустин бо 15 мусофир анҷом ёфт. Парвоз дар ин масир 50 дақиқа тӯл кашида, тибқи ҷадвал ҳафтае як маротиба, рӯзҳои ҷумъа, бо ҳавопаймои Ан-28 иҷро мешавад ва нархи чипта дар як самт 750 сомонӣ муайян гардидааст.<ref name="ap-flight-start22">[https://asiaplustj.info/tj/node/350087 Оғози парвози ҳавопаймоӣ миёни Душанбе ва Ванҷ. Аввалин парвоз кай ва нархи чипта чанд аст?] // Asia-Plus, июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="ap-flight-first22">[https://asiaplustj.info/tj/node/350121 Пас аз 11 сол. Аввалин парвози ҳавопаймо дар масири Душанбе-Ванҷ-Душанбе анҷом ёфт] // Asia-Plus, 23 июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» (қабулшуда '''28 июни соли 2024'''), '''24''' феврали соли 2026 '''дар шафати роҳҳои мошингарди ноҳияи Ванҷ беш аз 2000''' бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва сояафкану мевадиҳанда шинонида шуд.<ref name="khovar-trees20262">[https://khovar.tj/2026/02/daraht-binshon-dar-shafati-ro-oi-moshingardi-van-besh-az-2000-beh-ni-ol-shinonida-shud/ ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳҳои мошингарди Ванҷ беш аз 2000 бех ниҳол шинонида шуд] // АМИТ «Ховар», 24 феврали 2026. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Фарҳангу маориф ==
Пеш аз инқилоб аҳолии маҳаллии Ванҷ дар масҷидҳо ва хонаҳои муллоён хатту савод меомӯхтанд ва на ҳама ақшори мардум фурсат ва имкони саводомӯзӣ доштанд. Аз ин рӯ нисбати саводнокӣ дар миёни онҳо хеле паст буд ва ба сахтӣ метавонист ба 3--10 % бирасад. Саводомӯзии саросарии аҳолиро ҳукумати шӯравӣ ба роҳ монд.
Соли '''1926''' нахустин мактаб дар минтақа фаъолияти худро оғоз намуд: дар он танҳо 1 муаллим --- Одил Боқиев (аз деҳаи Чихох) кор мекард ва 25 талаба дар он ҷо дарс меомӯхтанд. Соли 1930 шумораи муаллимон ба 7 нафар расид. Дар авохири даҳаи 30-юми асри XX тақрибан дар ҳамаи маҳалҳои сераҳолии деҳшӯроҳои Ванҷ мактабҳои ибтидоӣ таъсис ёфтанд, ки бештари бачагону наврасон дар онҳо таҳсил мекарданд.
Тобистони соли '''1941''' (дар арафаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ) дастгоҳи кинонамоишдиҳӣ дар Ванҷ сохта, ба марҳалаи истифода расид. Соли 1941 дар вилоят 41 китобхона вуҷуд дошт, аз ҷумла китобхонаи ноҳиявӣ дар маркази Ванҷ ва 12 чойхонаи сурх. Дар аввали моҳи апрели соли 1930 дар яке аз деҳаҳои баландкӯҳи водии Ванҷ --- Рованд нахустин маҷлиси ҷавонон баргузор шуд.
Дар соли таҳсилии 2011--2012 дар ноҳияи Ванҷ 50 мактаб, аз ҷумла 23 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 4 мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, 13 мактаби ибтидоӣ, мактаб-интернат ва муассисаи томактабӣ вуҷуд дошт. Дар ҳамин сол дар мактабҳои ноҳия 7437 талаба таҳсил мекард, ки ба онҳо 928 муаллими соҳибмаълумоти олӣ дарс медоданд.
'''25 июни соли 2025''' дар деҳаҳои Мотравн, Будун, Вишхарв, Жамаг, Бунай, Техарв ва Ғиҷовасти ноҳия 7 кӯдакистони нав ифтитоҳ гардид: чор кӯдакистон аз ҳисоби буҷети маҳаллии вилоят ва се кӯдакистони дигар аз ҳисоби сокинони деҳаҳо тариқи ҳашар сохта шудаанд. Ин муассисаҳо аз 20 синфхона иборат буда, барои 380 тарбиятгиранда пешбинӣ шудаанд ва дар онҳо 34 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.<ref name="ap20252" /><ref name="pt5128022">[https://prezident.tj/event/news/51280 Ифтитоҳи 7 кӯдакистон дар ноҳияи Ванҷ] // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
Дар Ванҷ 45 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 1 театр, 13 клуб, 2 автоклуб, 5 хонаи фарҳанг, 25 китобхона бо фонди 114 960 нусха китоб фаъолият мекунад. Рӯзномаи ноҳиявӣ бо номи «Ватан» нашр мешавад.
== Тиб ==
Соли '''1939''' дар Ванҷ маркази тиббӣ ва бемористоне барои 10 кат сохта шуда буд. Ин иттифоқ дар канори душвориҳои азиме ба вуҷуд омад: то оғози асри XX дар водӣ тибби илмӣ вуҷуд надошт ва сокинон танҳо ба гиёҳдармонӣ ва дуохонӣ такя мекарданд, ки боиси сатҳи баланди фавти модарону кӯдакон мегардид.<ref name="sssr-112sol2" /> Тибқи як таҳқиқи диссертатсионӣ, гузариш ба тибби муосир бо муқовимати шадид ҳамроҳ буд: соли '''1929''' табиби рус Спажев, ки барои расонидани кумаки аввалияи тиббӣ ба Ванҷ фиристода шуда буд, аз ҷониби дастаҳои босмачӣ ба қатл расонида шуд --- ҳодисае, ки соли 1931 бо қатли табиб Олхов дар ноҳияи ҳамҷавори Қалъаихумб такрор ёфт.<ref name="btsu-dissertation2">Диссертатсия // Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ.</ref> Муҳоҷирати маҷбурии соли 1954-и сокинони водии Язғулом ба водии гарми Вахш низ оқибатҳои вазнини беҳдоштӣ --- бемории оммавӣ ва фавти зиёди кӯдакон --- ба бор овард, ки яке аз сабабҳои бозгашти тадриҷии як қисми муҳоҷирон ба зодгоҳашон гардид.<ref name="sssr-112sol2" />
Ҳоло дар ноҳия як беморхонаи марказӣ (дар шаҳраки Рохарв, дорои 6 шуъбаи бистарикунонӣ), як беморхонаи минтақавӣ дар водии Язғулом, 22 бунгоҳи тиббӣ, маркази назорати беҳдоштӣ (санитарию эпидемиологӣ) ва 4 дорухона фаъолият доранд. Тибқи маълумоти соли 2023, ба ин шабака 57 310 нафар бемор муроҷиат кардааст --- ба ҳисоби миёна беш аз 1,6 маротиба барои ҳар сокини ноҳия дар як сол.<ref name="jumhuriyat-tandurusti2">[https://jumhuriyat.tj/2991-van-roandozii-tadbiro-dar-samti-tandurust-va-ifzi-itimo.html Ванҷ. Роҳандозии тадбирҳо дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ] // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар сохтори марказии шабака 47 духтури дорои маълумоти олӣ ва 193 корманди миёнаи тиббӣ кор мекунанд; рақами 369 нафар пизишки дорои маълумоти олӣ, ки дар маъхазҳои умумӣ оид ба ноҳия зикр мешавад, эҳтимол тамоми мутахассисони тиббии ҳудуди ноҳияро --- аз ҷумла дорухонаҳо, СЭС ва муассисаҳои хусусиро --- дар бар мегирад.<ref name="jumhuriyat-tandurusti2" />
Дар водии дурдасти Язғулом, ки пеш аз истиқлол мардум маҷбур буданд беморони вазнинро тавассути чорвои борбар ба масофаҳои дур интиқол диҳанд, имрӯз як дармонгоҳи минтақавӣ, ду маркази саломатӣ, се бунгоҳи тиббӣ дар деҳаҳои дурдаст ва як таваллудхонаи махсусгардонидашуда фаъолият доранд.<ref name="jumhuriyat-tandurusti2" /> Дар деҳаи Гармчашмаи ҷамоати Рованд, наздики лозури Ванҷях, як маркази саломатии муосир бо ҳамкории Вазорати тандурустӣ ва Хадамоти ҳифзи сиҳатии Бунёди Оғохон (Aga Khan Health Services) сохта шудааст.<ref name="khovar-garmchashma2">[https://khovar.tj/2015/09/iftito-i-markazi-salomat-dar-no-iyai-van/ Ифтитоҳи маркази саломатӣ дар ноҳияи Ванҷ] // АМИТ «Ховар», сентябри 2015. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар доираи барномаи миллии рушди инфрасохтори тиббӣ, соли '''2025''' сохтмони бинои нави Беморхонаи марказӣ барои 120 кат бо арзиши 114 миллион сомонӣ оғоз гардид.<ref name="president-hospital2">[https://president.tj/event/domestic_trips/51302 Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Ванҷ] // Президенти Тоҷикистон, 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Барои ҳалли норасоии кадрҳо, тайи давраи соҳибистиқлолӣ 142 нафар хатмкунандаи ноҳияи Ванҷ дар муассисаҳои олии тиббии ҷумҳурӣ (пеш аз ҳама Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино) таҳсил кардаанд, ки аз ин шумора 40 нафар тавассути квотаи президентӣ буда, соли 2025 боз 22 нафари дигар ба ҳамин квота фаро гирифта шуданд.<ref name="president-hospital2" /> Барномаи «Корвони саломатӣ»-и Вазорати тандурустӣ низ борҳо ба Ванҷ ташриф оварда, ба табибони маҳаллӣ таҷрибаандӯзӣ фароҳам овардааст.<ref name="khovar-korvon20222">[https://khovar.tj/2022/05/korvoni-salomat-sokinoni-no-iya-oi-darvoz-va-van-bo-hizmatrasonii-rojgoni-tibb-faro-girifta-shudand/ «Корвони саломатӣ». Сокинони ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ бо хизматрасонии ройгони тиббӣ фаро гирифта шуданд] // АМИТ «Ховар», майи 2022. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Бо сабаби баландкӯҳ будани минтақа, Ванҷ таърихан ба минтақаҳои паҳншавии бемории ҷоғвар (норасоии йод) мансуб буд; тибқи маълумоти таҳлилӣ, дар натиҷаи стратегияи миллии йодизатсияи намак сатҳи паҳншавии ин беморӣ дар давраи солҳои 2019--2023 то '''72 фоиз''' коҳиш ёфтааст.<ref name="avjizuhal2">Авҷи Зуҳал, № 2, 2025.</ref> Бо назардошти сатҳи баланди муҳоҷирати меҳнатии сокинони ноҳия, маркази маҳаллии мубориза бар зидди ВНМО (ВИЧ) корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни ҷавонон пайваста мегузаронад.<ref name="jumhuriyat-tandurusti2" /> Дар давраи пандемияи COVID-19 Беморхонаи марказии Ванҷ шуъбаи бемориҳои сироятиро ба реҷаи фавқулодда гузаронид, ва моҳи июни соли '''2020''' тибқи барномаи дастгирии Иттиҳоди Аврупо ба ин муассиса таҷҳизоти муҳофизати инфиродӣ (PPE) расонида шуд.<ref name="eeas-ppe2">[https://www.eeas.europa.eu/sites/default/files/eu_timeframe_for_ppe_distribution_20200611_4.pdf EU timeframe for PPE distribution] // Хадамоти амали берунии Иттиҳоди Аврупо (EEAS), июни 2020. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Беморхонаи марказӣ соли 2014 пурра ба низоми гармкунии барқӣ (аз ҳисоби неругоҳҳои хурди барқи обӣ) гузашт, ҳарчанд барои ҳолатҳои фавқулодда ҳарсола захираи эҳтиётии сӯзишворӣ нигоҳ дошта мешавад.<ref name="khovar-heating20142">[https://khovar.tj/2014/01/bemorhonai-van-1207-ba-nizomi-garmkunii-bar-1179-1251-guzasht/ Беморхонаи Ванҷ ба низоми гармкунии барқӣ гузашт] // АМИТ «Ховар», январи 2014. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Тибқи санҷиши Агентии амнияти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳо (июли 2024), Беморхонаи марказии Ванҷ талаботи қонунгузории бехатарии радиатсиониро пурра риоя намуда, дараҷаи хатари фаъолияти он «паст» арзёбӣ шудааст.<ref name="cbrn-inspection2">Феҳристи Агентии амнияти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ (cbrn.tj). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Варзиш ==
Ванҷ аз даврони қадим бо гуштигирони номвари худ шуҳратёр буд. Номи паҳлавонони ванҷӣ --- Амонат, Сулаймон, Дилдор, Хушдил, Худоӣ, Ҳиммат, Ш. Дилов, Алифбек ва дигарон то кунун ба некӣ ёд мешавад ва қиссаҳои майдондориашон ҳанӯз вирди забони хосу ом аст. Соли '''2024''' гӯштини миллии тоҷикӣ (гӯштингирӣ) дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта шуда, мақоми расман байналмилалӣ касб кард; шумораи мусобиқаҳои ин намуди варзиш дар саросари ҷумҳурӣ аз 485 адад дар соли 2020 то тақрибан 4000 адад дар соли 2022 афзудааст.<ref name="mfa-gushtingiri2">[https://mfa.tj/tg/brussels/view/12033/gushtini-tojiki-maqomi-bainalmilali-girift Гӯштини тоҷикӣ мақоми байналмилалӣ гирифт] // Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Паҳлавони ванҷӣ Шакармамад Мирмамадов, ки дар якчанд намуди варзиш (ҷудо, кураш, гӯштингирӣ) рақобат мекунад, яке аз муваффақтарин варзишгарони вазни сангини Тоҷикистон дар даҳсолаи охир аст: соҳиби медали биринҷии Бозиҳои XVIII осиёии соли 2018 дар Ҷакарта (ҷудо, +100 кг),<ref name="ozodi-asiada20182">[https://www.ozodi.org/a/29463618.html Бозиҳои XVIII осиёӣ: Шакармамад ҳам соҳиби медали биринҷӣ гардид] // Радиои Озодӣ. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> медали тиллои Чемпионати 13-уми Осиё оид ба кураш дар Теҳрон (июни 2024)<ref name="varzishtv-kurash2">[https://varzishtv.tj/tj/news/shakarmamad-mirmamadov-a-ramoni-osiye-oid-ba-kurash-/ Шакармамад Мирмамадов қаҳрамони Осиё оид ба кураш] // Варзиш ТВ. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> ва медали тиллои Нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ дар Душанбе (28--31 августи 2024, бо иштироки беш аз 200 варзишгар аз 63 давлат) гардид.<ref name="khovar-mirmamadov-world2">[https://khovar.tj/2024/08/varzishgari-to-ik-shakarmamad-mirmamadov-dar-nahustin-chempionati-a-on-oid-ba-g-shtingir-medali-tillo-ba-dast-ovard/ Варзишгари тоҷик Шакармамад Мирмамадов дар нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ медали тилло ба даст овард] // АМИТ «Ховар», августи 2024. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар мусобиқаҳои Наврӯзии байналмилалӣ дар Хоруғ (марти 2025) ва Рашт (апрели 2026) низ ғолиб омада, ҳарду бор соҳиби автомобил гардид.<ref name="khovar-khorugh20252">[https://khovar.tj/2025/03/shakarmamad-mirmamadov-barandai-sho-oizai-musobi-ai-bajnalmilalii-g-shtini-mill-dar-sha-ri-horu-gardid/ Шакармамад Мирмамадов барандаи Шоҳҷоизаи Мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ дар шаҳри Хоруғ гардид] // АМИТ «Ховар», 26 марти 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="khovar-rasht20262">[https://khovar.tj/2026/04/mu-ammadin-shodmon-far-od-va-shakarmamad-so-ibi-sho-oiza-oi-musobi-ai-g-shtini-millii-no-iyai-rasht-shudand/ Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд] // АМИТ «Ховар», 15 апрели 2026. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
'''25 марти соли 2020''' дар ҷамоати деҳоти Язғулом бахшида ба Наврӯз мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ баргузор гардид, ки дар он беш аз 300 нафар паҳлавон на танҳо аз Ванҷ, балки аз Душанбе, Бохтар, Кӯлобу Хоруғ ва ноҳияҳои Дарвозу Рӯшон иштирок карданд.<ref name="vkd-yazgulom20202">[https://www.old.vkd.tj/index.php/tj/ruydodho/27292-barguzorii-gushtini-mill-dar-yazgulom Баргузории гуштини миллӣ дар Язгулом] // Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар ноҳия беш аз 40 иншооти варзишӣ мавҷуд аст. '''25 июни соли''' 2025 '''дар деҳаи Убари Даргов толори варзишӣ бо масоҳати умумии 615 м²,''' иборат аз толори асосӣ, толори тенниси рӯи миз ва ҳуҷраҳои ёрирасон, ба истифода дода шуд.<ref name="ap20252" /><ref name="pt512762">[https://prezident.tj/event/news/51276 Ифтитоҳи толори варзишӣ дар деҳаи Убари Даргови ноҳияи Ванҷ] // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref> Ҳамчунин, '''15''' ноябри соли 2025''', дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар''' деҳаи Андарбоғи ҷамоати Язғулом толори варзишии замонавӣ, ки бо маблағи 480 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст, ба истифода дода шуд.<ref name="khovar-andarbak2">[https://khovar.tj/2025/11/bahshida-ba-r-zi-prezident-dar-de-ai-andarbaki-no-iyai-van-tolori-muosiri-varzish-ba-istifoda-doda-shud/ Бахшида ба Рӯзи Президент дар деҳаи Андарбаки ноҳияи Ванҷ толори муосири варзишӣ ба истифода дода шуд] // АМИТ «Ховар», 15 ноябри 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Пеш аз ин, '''11 сентябри соли 2018''' бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамин ҷамоати Язғулом низ як толори варзишӣ ба истифода дода шуда буд.<ref name="vkd-yazgulom-mvd20182">[https://www.old.vkd.tj/index.php/tj/2020-01-18-07-50-18/khabar-o-bojgon/21050-iftito-i-tolori-varzish-dar-no-iyai-van Ифтитоҳи толори варзишӣ дар ноҳияи Ванҷ] // Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Ба ғайр аз гӯштин, дар солҳои охир волейбол низ дар ноҳия рушд кардааст: дар мусобиқаи маҳаллӣ 7 дастаи волейболи ҷавонон иштирок доранд, ва дастаи ноҳияи Ванҷ дар Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявии волейбол дар ноҳияи Восеъ дар қатори дастаҳои пуриқтидоре чун «Регар ТадАЗ» ва дастаи шаҳри Душанбе иштирок карда, рақобати арзанда нишон додааст.<ref name="khovar-vosevolleyball2">[https://khovar.tj/2025/06/regar-tadaz-dar-musobi-a-oid-ba-volejbol-dar-no-iyai-vose-sazovori-sho-oiza-gardid/ «Регар ТадАЗ» дар мусобиқа оид ба волейбол дар ноҳияи Восеъ сазовори Шоҳҷоиза гардид] // АМИТ «Ховар», июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар Бозиҳои осиёии соли 2018, ки самбо бори аввал ба барномаи он дохил шуда буд, Тоҷикистонро дар қатори дигарон ду варзишгари ҷавон --- Ҷомии Ҳасанӣ ва Сомон Сангов --- намояндагӣ карданд.<ref name="ozodi-asiada20182" />
== Шахсиятҳои маъруф ==
* Мулло Муҳаммадёри Ванҷӣ (машҳур ба Мулло Ёр) --- шоири маъруфи мардумии тоҷик, зодаи деҳаи Ғумаяки водии Ванҷ; мероси ӯ то имрӯз дар байни мардуми кӯҳистони тоҷик маҳбубият дорад.<ref name="pirumshoev-web2" />
* [[Раҳим Масов]] ('''16 ноябри 1939''', деҳаи Мудеҳарви ноҳияи Ванҷ --- '''21 июни 2018''', Душанбе) --- таърихшиноси барҷастаи тоҷик, доктори илмҳои таърих, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон; солҳои 1988--2015 директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш.<ref name="masov-khovar2">[https://khovar.tj/rus/2022/11/akademik-rahim-masov-zhizn-posvyashhennaya-otstaivaniyu-natsionalnyh-interesov-tadzhikistana-segodnya-velikomu-uchenomu-ispolnilos-by-83-goda/ Академик Рахим Масов: жизнь, посвящённая отстаиванию национальных интересов Таджикистана] (рус.) // НИАТ «Ховар», 16 ноябри 2022. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="masov-ap2">[https://www.asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/society/20180621/segodnya-v-dushanbe-skonchalsya-akademik-rahim-masov Сегодня в Душанбе скончался академик Рахим Масов] (рус.) // Азия-Плюс, 21 июни 2018. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
* [[Ҳайдаршо Пирумшоев]] (таваллуд '''30 декабри 1944''', ноҳияи Ванҷ) --- таърихшинос, доктори илмҳои таърих, профессор; муаллифи асарҳои «Ванҷ» (М., 2004), «Ванҷи ману ганҷи ман» (Душанбе, 2013) ва таҳқиқоти сершумор оид ба таърихи Бадахшону Помир.<ref name="pirumshoev-ap2">[https://asiaplustj.info/tj/node/356410 Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо... 30 декабри соли 2025] // Asia-Plus. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
* Қодири Қосим (таваллуд '''9 апрели 1961''', ноҳияи Ванҷ) --- ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон.<ref name="kodiri2">[https://khovar.tj/rus/2020/01/predsedatel-federatsii-nezavisimyh-profsoyuzov-tadzhikistana-kodiri-kosim-vydvinut-kandidatom-v-deputaty-madzhlisi-namoyandagon/ Председатель Федерации независимых профсоюзов Таджикистана Кодири Косим выдвинут кандидатом в депутаты Маджлиси намояндагон] (рус.) // НИАТ «Ховар», январи 2020. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
* Мурувватшо Бачабеков ('''1 майи 1944''' --- '''9 сентябри 2023''', деҳаи Баравни ҷамоати Водхуд) --- устоди варзиши гӯштингирӣ, ки ӯро бунёдгузори мактаби муосири гӯштини Ванҷ медонанд; солҳои 1972--1994 устоди кафедраи тарбияи ҷисмонии Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) буд.<ref name="bachabekov2">[https://www.bomdod.com/2023/09/12/ustodi-pahlavononi-vanj-muruvvatsho-bachabekov-az-dunyo-raft/ Устоди паҳлавонони Ванҷ Мурувватшо Бачабеков аз дунё рафт] // Бомдод, 12 сентябри 2023. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
* Маҳмадшариф Сулаймонов (зодаи деҳаи Рованд) --- устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ дар гӯштини миллӣ, ки зиёда аз панҷоҳ сол дар майдони паҳлавонӣ фаъолият дорад.<ref name="sulaymonov2">[http://hamsafon.tj/10201-sufrai-pa1202lavon1250.html Суфраи паҳлавонӣ] // Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Ҳукумат ==
Сарвари ноҳияи Ванҷ Раиси ноҳия аст, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мегардад.<ref name="badakhshon-vanj2" /> Ниҳоди намояндагии ноҳия --- Маҷлиси вакилони халқ мебошад, ки аз тарафи мардуми ноҳия ба муддати 5 сол интихоб мешавад. Маълумоти расмӣ дар бораи ноҳия дар сомонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (badakhshon.tj) ҷой дода шудааст.<ref name="badakhshon-vanj2" />
Раисони ноҳия дар тӯли фаъолияти маъмурии он борҳо иваз шудаанд; барои мисол, '''17 ноябри соли 2021''' бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷабори Қосим аз мансаби раиси ноҳияи Ванҷ озод карда шуда, ба ҷои ӯ Мардзода Одинашо Миршаб ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия таъин гардид.<ref name="sputnik20212">[https://sputnik.tj/20211117/barkanori-jabbori-qosim-nazarshozoda-vanj-roshtqala-1043601608.html Раисони Ванҷу Роштқалъа барканор шуданд: раҳбарони нав киянд?] // Sputnik Тоҷикистон, 17 ноябри 2021. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Эзоҳ ==
<references />
== Манобеъ ==
* Андреев М. С. Выработка железа в долине Ванча (верховья Аму-Дарьи). --- Ташкент, 1926.
* Бубнова М. А. Горно-Бадахшанская автономная область. Западный Памир (памятники каменного века --- XX в.). --- Душанбе, 2008. --- (Археологическая карта Таджикистана).
* Бурхан-уд-Дин-хан Кушкеки. Путеводитель по Каттагану и Бадахшану. --- Ташкент, 1926.
* Гулшанӣ. Таърихи ҳумоюн. --- Душанбе, 2006.
* Искандаров Б. И. Восточная Бухара и Памир во второй половине XIX в. Ч. 1--2. --- Душанбе, 1962--1963.
* Камалиддинов Ш. С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX --- начала XIII вв. --- Ташкент, 1996.
* Лашкарбеков Б. Б. Старованджский язык (vanǰivor) // Основы иранского языкознания: Среднеиранские и новоиранские языки / под ред. В. А. Ефимова. --- М.: Восточная литература, 2008. --- С. 61--109.
* Масов Р. М. К истории Ванчской долины // Мероси ниёгон. --- Душанбе, 1999. --- № 4. --- С. 20--30.
* Мушкетов Д. И. Рохарв (Кала-и Ванч) // Известия Русского географического общества. --- Т. 52. --- 1916.
* Пирумшоев Ҳ. Ванҷ. --- М., 2004.
* Пирумшоев Ҳ., Зафаров А. Ванҷи ману ганҷи ман (очерки таърихӣ). --- Душанбе, 2013.
* Постников А. В. Схватка на «Крыше Мира»: политики, разведчики и географы в борьбе за Памир в XIX веке. --- М.: Памятники исторической мысли, 2001. --- [[Special:BookSources/5884511000|ISBN 5-88451-100-0]].
* Розенфельд А. З. Ванджские говоры таджикского языка / ЛГУ им. А. А. Жданова. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- 151 с.
* Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903.
* Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. --- Душанбе: СИЭМТ, 2013.
* Эдельман Д. И. Язгулямский язык. --- М.: Наука, 1966.
* Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. --- М.: Наука (ГРВЛ), 1975. --- С. 41--62.
* Языки мира: Иранские языки. III. Восточноиранские языки. --- М.: Индрик, 2000.
* Moseley Chr. (ed.) Atlas of the World's Languages in Danger. --- 3rd ed. --- Paris: UNESCO Publishing, 2010.
* Paul D., Abbess E., Müller K., Tiessen C., Tiessen G. Language Access and Tajik Language Proficiency among the Yazghulami of Tajikistan. --- SIL International, 2010.
== Пайвандҳо ==
* [https://www.vanjiman.com/ Сомонаи vanjiman.com]
* [https://vanj.info/ Торнамои Ванҷ (vanj.info)]
* [http://badakhshon.tj/?page_id=11224 Саҳифаи ноҳияи Ванҷ дар сомонаи расмии ВМКБ]
* [[c:Category:Vanj_District|Парвандаҳо дар Викианбор (Vanj District)]]
{{тоҷикистон-ҷуғ-нопурра}}
{{Тақсимоти маъмурии ВМКБ}}
{{Ноҳияи_Ванҷ}}
[[Гурӯҳ:Ноҳияҳои Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]]
[[Гурӯҳ:Ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]]
[[Гурӯҳ:Ноҳияи Ванҷ]]
4ce8y9we3g9orvchtx6kifqhm43qwjr
1482009
1482008
2026-07-25T17:33:31Z
Firdavsi
3353
1482009
wikitext
text/x-wiki
{{ВМ
| Ранг1 = #A5D570
| Номи тоҷикӣ =
| Номи аслӣ = Ноҳияи Ванҷ
| Нишон =
| Парчам =
| Бари нишон =
| Бари парчам =
| Тавсифи нишон =
| Тавсифи парчам =
| Кишвар = [[Тоҷикистон]]
| lat_dir = N
| lat_deg = 38
| lat_min = 22
| lat_sec = 23
| lon_dir = E
| lon_deg = 71
| lon_min = 27
| lon_sec = 19
| region = TJ
| type = District
| Дараҷа =
| CoordScale =
| Суруди миллӣ =
| Мақом = Ноҳияи маъмурӣ
| Тобеъи = [[Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]]
| Шомили = 1 шаҳрак, 6 ҷамоат
| Пойтахт = [[Ванҷ (шаҳрак)|Ванҷ]]
| Шаҳри бузургтарин =
| Шаҳрҳои бузургтарин =
| Таъсис = [[29 май|29 маи]] [[1933]]
| Барҳамхӯрӣ =
| Номҳои пешина =
| Раис = Мардзода Одинашо Миршаб (аз 2022)<ref>{{Cite web|url=http://www.adlia.tj/show_doc.fwx?Rgn=143911|title=Указ Президента Республики Таджикистан от 1 декабря 2022 года №480 "О назначении Мардзода О.М. председателем Ванчского района Горно-Бадахшанской автономной области"|website=www.adlia.tj|accessdate=2023-01-04|archivedate=2024-12-09|archiveurl=https://web.archive.org/web/20241209162237/http://adlia.tj/show_doc.fwx?Rgn=143911}}</ref>
| Шакли роҳбарӣ = Раиси ноҳия
| Раис2 =
| Шакли роҳбарӣ2 =
| Раис3 =
| Шакли роҳбарӣ3 =
| ММД =
| Соли ММД =
| Ҷой аз рӯи ММД =
| ММД ба сари аҳолӣ =
| Ҷой аз рӯи ММД ба сари аҳолӣ =
| Забон =
| Забонҳо = [[Забони тоҷикӣ|тоҷикӣ]], [[Забонҳои бадахшонӣ]] — [[Забони язғуломӣ|язғуломӣ]]
| Аҳолӣ = 35 400
| Соли барӯйхатгирӣ = 2024
| Фоиз аз аҳолӣ = 4,8
| Ҷой аз рӯи аҳолӣ =
| Баҳодиҳии аҳолӣ =
| Соли баҳодиҳӣ =
| Зичӣ = 7,7
| Ҷой аз рӯи зичӣ =
| Ҳайати миллӣ = [[тоҷик]]он
| Ҳайати динӣ = [[мусулмон]], [[суннӣ]], мазҳаби [[ҳанафӣ]]
| Масоҳат = 4430,5
| Фоиз аз масоҳат =
| Ҷой аз рӯи масоҳат =
| Баландии бештарин = 7495
| Баландии миёна = 3000
| Баландии камтарин =
| Харита = Vanj District in Tajikistan.svg
| Андозаи харита =
| Харита2 =
| Минтақаи замонӣ = UTC+5
| Сарвожа = VA
| ISO = TJ.BK.VA
| Шиносаи ададӣ =
| Шакли шиноса =
| Шиносаи ададӣ2 =
| Шакли шиноса2 =
| Шиносаи ададӣ3 =
| Шакли шиноса3 =
| FIPS =
| Коди телефон = +992 3551
| Нишонаи почта = 736300
| Домени интернет = tj
| Коди мошинҳо = 04 TJ
| Вебгоҳ = [[www.vanjiman.com]]
| Гурӯҳ дар Commons = Vanj District
| Эзоҳ =
}}'''Ноҳияи Ванҷ''' (форсӣ: ناحیۀ ونج) --- минтақаи таърихӣ ва яке аз [[Ноҳия|ноҳияҳои]] [[Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]], воқеъ дар шимолу ғарби вилоят, дар шарқи Ҷумҳурии [[Тоҷикистон]]. Масоҳаташ 4430,5 км² буда, тибқи омори соли '''2024''' аҳолияш 35 400 нафарро ташкил медиҳад (зичии аҳолӣ тақрибан 8 нафар дар 1 км²). Ҳамчун воҳиди расмии маъмурию ҳудудӣ '''29 майи 1933''' таъсис ёфтааст.<ref name="vanchraion2">[https://dic.academic.ru/dic.nsf/ruwiki/1287410 Ванджский район] (рус.) // Словари и энциклопедии на Академике (нусхаи мақолаи Википедиаи русӣ, 2010). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Маркази ноҳия шаҳраки [[Рохарв]] (форсӣ: راخرو) аст, ки расман шаҳраки Ванҷ ном дошта, дар харитаҳо низ чунин сабт мешавад, вале дар забони мардум то имрӯз бо номи бостонии худ --- Рохарв ёд мегардад; шаҳрак 176 км шимолтар аз шаҳри [[Хоруғ]], дар канораи резишгоҳи рӯди Рохарвоб ба Ванҷоб ҷой дорад.<ref name="vanchraion2" /><ref name="pirumshoev-web2">[https://vanj.info/%D0%B2%D0%B0%D0%BD%D2%B7-%D0%BC%D0%B0%D1%8A%D0%BB%D1%83%D0%BC%D0%BE%D1%82%D0%B8-%D2%B7%D1%83%D2%93%D1%80%D0%BE%D1%84%D3%A3/ Ванҷ. Маълумоти ҷуғрофӣ] (порча аз китоби Ҳ. Пирумшоев «Ванҷи ман») // Торнамои Ванҷ (vanj.info). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="badakhshon-vanj2">[http://badakhshon.tj/?page_id=11224 н. Ванҷ (www.vanj.tj)] // Сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Тибқи анъанаи маҳаллӣ, тамоми рустоҳоеро, ки аз деҳаи Бунай болотар воқеъанд, «Ванҷи Боло» меноманд; водиҳои поёниро бошад, на «Ванҷи Поён», балки бо номҳои таърихии худашон --- Язғулом, Водхуд ва Пшихарв --- ёд мекунанд.<ref name="pirumshoev-web2" /> Дигар шӯроҳои русто, мисли Водхуд, Язғулом, Рованд ва Техарв, ки фарогири чандин деҳаанд, то кунун номҳои таърихии худро нигоҳ доштаанд. Шӯрои рустои Рохарв дар ҳоли ҳозир чун ҷамоати ба номи Маҳмадулло Абдуллоев<ref name="khovar-ubari22">[https://khovar.tj/2025/06/peshvoi-millat-emomal-ra-mon-dar-no-iyai-van-tolori-varzishiro-iftito-namudand/ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ толори варзиширо ифтитоҳ намуданд] // АМИТ «Ховар», 25 июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> ва шӯрои рустои Жовид феълан дар шакли ҷамоати Ҷовидон номгузорӣ шудаанд.
Қабл аз вуруди Артиши Сурх ба Ванҷ ва истиқрори низоми шӯравӣ, маркази идории амлокдории Ванҷ дар шаҳраки Рохарв, дар «Қалъаи Ванҷ» ё «Қалъаи Рохарви Ванҷ» қарор дошт, ки ҳам қароргоҳи мири Ванҷ ва ҳам маҳалли будубоши гурӯҳаки маҳдуди сипоҳи манғитиён будааст.<ref name="mushketov2">Мушкетов Д. И. Рохарв (Кала-и Ванч) // Известия Русского географического общества. --- Т. 52. --- 1916.</ref>
Дарёҳои бузургтарини ноҳия --- Ванҷоб, [[Язғулом (дарё|Язғулом]]) ва [[Панҷ (рӯд|Панҷ]]) мебошанд. Ду соҳили дарёи Ванҷоб бо дарозии зиёда аз 100 км бахши умдаи ноҳияро ташкил медиҳад.
== Номшиносӣ ==
Дар сарчашмаҳои русӣ ва адабиёти даврони шӯравӣ номи ноҳия дар шаклҳои «Ванч» ва «Вандж» омадааст, ки гунаи русишудаи ҷойноми тоҷикии Ванҷ мебошад.<ref name="badakhshon-vanj2" />
Дар боби решаи ин ном ақидаҳо мухталифанд. Донишманди тоҷик Гулшанӣ дар китобаш «Таърихи ҳумоюн», ки соли 1328 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо '''1910''' милодӣ навиштааст, онро табдилёфтаи номи дарёи Панҷ шумурда, дар бораи диёри Ванҷ мегӯяд:
Қасабаи Ванҷ ба тарафи шарқии Дарвоз, ба таҳти ақабаи Боми Дунё воқеъ аст ва дар он ҷониб манбаи дарёи Омӯя ва Ҷайҳун ва онро Чашмаи Панҷ мегӯянд, аз қуллаи шомихи кӯҳи Боми Дунё набаъон менамоянд. Аз андак масофат, панҷ чашма ба як ҷо ҷамъ мешавад ва ғарбан ҷараён менамояд ва онро чашмаи Панҷ мегӯянд ва он қасабаро Ванҷ меноманд, ки он муҳаррафи Панҷ аст. Оби аввали наҳри Ҷайҳун ҳамин аст.<ref name="gulshani22">Гулшанӣ. Таърихи ҳумоюн. --- Душанбе, 2006. --- С. 157.</ref>
Тадқиқоти забоншиносии баъдина ин ривояти халқиро тасдиқ намекунад. Эроншиноси маъруф Д. И. Эделман дар пажӯҳиши бунёдии худ «Географические названия Памира» («Номҳои ҷуғрофии Помир»), ки соли '''1975''' дар маҷмуаи «Страны и народы Востока» ба чоп расидааст, решаи вожаи «Ванҷ»-ро мушаххасан шарҳ намедиҳад, балки онро номи аслии худи водӣ мешуморад, ки номи дарёи Ванҷов (Ванҷ + «об») низ аз он гирифта шудааст.<ref name="edelman197522">Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. --- М.: Наука (ГРВЛ), 1975. --- С. 41--62.</ref> Тибқи мушоҳидаи ӯ, ҳамсоягони язғуломизабони ин водӣ онро на «Ванҷ», балки «Вауз» меноманд, ки ин худ далели дигаре бар куҳансолии эҳтимолии ин ном аст.<ref name="edelman197522" /> Забони куҳани ванҷии аз байнрафта, ки сокинони маҳаллӣ то охири асри XIX бад-он сухан мегуфтанд, худро «vanǰivor» меномид,<ref name="lashkarbekov200822">Лашкарбеков Б. Б. Старованджский язык (vanǰivor) // Основы иранского языкознания: Среднеиранские и новоиранские языки / под ред. В. А. Ефимова. --- М.: Восточная литература, 2008. --- С. 61--109.</ref> вале дар адабиёти дастрас пажӯҳише, ки решаи номи «Ванҷ»-ро аз вожаҳои ҳамин забон ба даст оварда бошад, ёфт нашуд. Дар маҷмуъ, Эделман хулоса мебарорад, ки аксари номҳои ҷуғрофии Помири Ғарбию Ҷанубӣ бо ёрии забонҳои имрӯза шарҳнопазиранд, ки ин аз куҳансолии онҳо гувоҳӣ дода, эҳтимоли тааллуқи баъзеи онҳоро ба забонҳои пешин (субстратӣ) нишон медиҳад.<ref name="edelman197522" />
Бинобар ин, то имрӯз дар илми забоншиносии эронӣ решашиносии қатъӣ ва ба таври васеъ пазируфташудаи вожаи «Ванҷ» пешниҳод нашудааст: ривояти Гулшанӣ дар боло намунаи анъанаи омиёна-таърихии маҳаллист, на натиҷаи таҳлили илмии забонӣ. Мутахассисони соҳа бошанд, ин номро қадимӣ мешуморанд ва эҳтимол медиҳанд, ки он ба давраи пеш аз паҳншавии забони тоҷикӣ дар ин минтақа тааллуқ дошта бошад, бидуни он ки то ба ҳол решаи дақиқи онро муайян карда бошанд.
Номи Ванҷ соли '''2023''' ба бузургтарин лозури Помир низ гузошта шуд: '''31 июли соли 2023''' бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лозури Федченко расман [[Лозури Федченко|Ванҷях]] номгузорӣ гардид, ки ин ном аз ибораи «яхи Ванҷ» бармеояд.<ref name="khovar-vanjyakh2">[https://khovar.tj/rus/2024/06/lednik-vandzhyah-odin-iz-samyh-bolshih-lednikov-tadzhikistana-i-gornyh-sistem-mira/ Ледник Ванджях -- один из самых больших ледников Таджикистана и горных систем мира] (рус.) // НИАТ «Ховар», 9 июни 2024. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="ozodi-vanjyakh22">[https://rus.azathabar.com/a/smi-krupneyshiy-na-pamire-lednik-fedchenko-pereimenovan-v-vandzhyah-/32555839.html СМИ: крупнейший на Памире ледник Федченко переименован в «Ванджях»] (рус.) // Радиои Озодӣ, 20 августи 2023. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Ҷойгоҳ ==
Ноҳияи Ванҷ бо сарзамини 4430,5 км² дар миёни қаторкӯҳҳои [[Қаторкӯҳи Дарвоз|Дарвоз]] ва [[Қаторкӯҳи Язғулом|Язғулом]] воқеъ аст. Дар шимол бо ноҳияи Сангвор (Тавилдараи пешин), дар шарқ бо [[ноҳияи Мурғоб]], дар ҷануб бо [[ноҳияи Рӯшон]], дар ғарб бо [[Ноҳияи Дарвоз|ноҳияи Дарвози]] Тоҷикистон ва дар ҷанубу ғарб, аз тариқи рӯди Панҷ, бо ноҳияи Дарвози [[Вилояти Бадахшон|вилояти Бадахшони]] [[Афғонистон]] ҳаммарз мебошад.<ref name="vanchraion2" /> Марзи шарқии ноҳияро [[қаторкӯҳи Академияи илмҳо]] ташкил медиҳад.<ref name="enwiki-map22">Republic of Tajikistan, map showing administrative division as of January 1, 2004, «Tojikkoinot» Cartographic Press, Dushanbe.</ref>
Аз шимолу шарқи ноҳия ба ҷанубу ғарби он рӯдҳои [[Ванҷ (дарё|Ванҷ]]) ва Язғулом ҷорӣ мешаванд, ки ба рӯди Панҷ мерезанд. Сарзамини ноҳия ду водии нисбатан васеи Бадахшонро дар бар мегирад. Яке аз онҳо дараи рӯди Ванҷ аст, ки беш аз 150 км дарозо дорад ва аз лозурҳои Ҷамъияти ҷуғрофӣ, Хирсон ва Абдуқаҳҳор оғоз мегирад. Водии дигар дараи рӯди Язғулом аст, ки дар миёни қаторкӯҳҳои Язғулому Рӯшон ҷой гирифтааст. Ин ду водиро аз ҳамдигар қаторкӯҳи Ванҷ ҷудо мекунад.<ref name="enwiki-map22" /> Баландии маҳал аз сатҳи дарё аз 1500 то 5000 метр мебошад.
Дарёи Ванҷ (Ванҷоб) 103 км дарозӣ ва 2070 км² ҳавзаи обғундорӣ дорад. Он аз ҳамроҳшавии ду шохоб падид меояд: яке аз лозурҳои нишебии шимолии қаторкӯҳи Ванҷ сарчашма мегирад, дигаре бошад --- аз нишебиҳои ғарбии қаторкӯҳи Академияи илмҳо. То резишгоҳи шохоби Кашолаях худи дарё номи Абдуқаҳҳор (Абдукагор)-ро дорад; танҳо пас аз ҳамроҳ шудан бо ин шохоб он ба номи Ванҷоб мубаддал мегардад. Сарфи миёнаи солонаи об дар резишгоҳи дарё 49,4 м³/с аст.<ref name="bse-vanch22">[https://www.booksite.ru/fulltext/1/001/008/003/192.htm Ванч] (рус.) // Большая советская энциклопедия. --- 3-е изд. --- М.: Советская энциклопедия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дарёи Язғулом 80 км тӯл кашида, масоҳати ҳавзаи он 1970 км²-ро ташкил медиҳад; қисми болоии он то ҳамроҳшавии дарёи Ракзов Мазордара номида мешавад, сарфи миёнаи об дар поёноби дарё 36,2 м³/с буда, ғизои дарёҳои ноҳия асосан барфию лозурист ва сермобтарин моҳ июл аст.<ref name="yazgulem-river22">[https://waterresources.ru/reki/yazgulem/ Язгулем] (рус.) // Water Resources (бар пояи маълумотномаи «Ресурсы поверхностных вод СССР», 1971). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Ванҷ дар соҳили яке аз шохобҳои бузурги рости дарёи Панҷ (болооби Ому), ки бо номи Ванҷоб маъруф аст, ҷой гирифтааст. Масофа аз маркази ноҳия то шаҳри Хоруғ 176 км ва то шаҳри [[Душанбе]] 387 км аст.
Тавсифи аввалини илмии ҷуғрофии қаторкӯҳҳои иҳотакунандаи водии Ванҷ ба шарқшиноси рус А. А. Семёнов тааллуқ дорад, ки соли 1898 дар доираи экспедитсияи расмии граф А. А. Бобринский аз ин минтақа дидан карда буд. Ӯ дар китоби худ навиштааст:<blockquote>«Часть Дарваза по правую сторону Пянджа (Сѣверный Дарвазъ) занимаетъ западный склонъ Памирскаго плоскогорья: этотъ край изрѣзываютъ глубокими долинами рѣкъ: Пянджа и его притоковъ справа: Оби-Хингоу, Ванджа и Язгулина. Водораздѣломъ этихъ рѣкъ служатъ два высокихъ хребта: Дарвазскій, между рр. Оби-Хингоу и Ванджемъ, и Ванджскій,—между долинами Ванджа и Язгулина... Въ верховьяхъ Ванджа всѣ упомянутыя горныя цѣпи сходятся въ одинъ узелъ и сливаются съ Памирами.»</blockquote>Тарҷума: «Қисми Дарвоз, ки дар канори рости Панҷ ҷойгир аст (Дарвози Шимолӣ), нишеби ғарбии баландсаҳрои Помирро фаро мегирад: ин канораро водиҳои амиқи дарёҳо буридаанд — Панҷ ва шохобҳои рости он: Оби-Ҳингов, Ванҷ ва Язғулом. Марзи обҷудокунии ин дарёҳоро ду қаторкӯҳи баланд ташкил медиҳанд: Дарвоз — миёни рӯдҳои Оби-Ҳингову Ванҷ, ва Ванҷ — миёни водиҳои Ванҷу Язғулом... Дар болооби Ванҷ ҳамаи ин қаторкӯҳҳои зикршуда ба як гиреҳ мепайванданд ва бо Помир мепайванданд».<ref name="semenov1903-p6">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 6.</ref>
Дар ҳамин гиреҳи кӯҳӣ, ки қаторкӯҳҳои Ванҷу Дарвоз бо Помир мепайванданд, Семёнов ағбаи баландеро ба қайд гирифтааст, ки ба болооби Ванҷ мебарад: «Въ этомъ горномъ узлѣ лежить на высотѣ свыше 15 тыс. футовъ надъ уровнемъ моря перевалъ Сытаргй въ долину р. Вандж, или Ванча» — тарҷума: «Дар ҳамин гиреҳи кӯҳӣ, дар баландии зиёда аз 15 ҳазор фут аз сатҳи баҳр, ағбаи Сытаргӣ ба водии дарёи Вандж (Ванҷ) ҷойгир аст».<ref name="semenov1903-p7">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 7.</ref>
=== Лозурҳо ва қуллаҳо ===
Болооби дараи Ванҷ, ки дар он ҷо рӯд номи Абдуқаҳҳор (Абдукагор)-ро дорад, аз калонтарин марказҳои лозурии [[Помир]] ба шумор меравад. Бузургтарин лозури ҳавзаи рӯди Ванҷ лозури Ҷамъияти ҷуғрофӣ мебошад, ки дар маҳалли пайвастшавии қаторкӯҳҳои Академияи илмҳо ва Дарвоз ҷой гирифта, дарозиаш 24,2 км ва масоҳаташ 64,4 км² аст. Ин лозур соли '''1882''' кашф гардида, соли '''1928''' ба шарафи Ҷамъияти ҷуғрофии Русия номгузорӣ шудааст.<ref name="rgo22">[https://rgo.ru/activity/redaction/news/lednik-geograficheskogo-obshchestva-na-pamire-taet/ Ледник Географического общества на Памире тает] (рус.) // Сомонаи расмии Ҷамъияти ҷуғрофии Русия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар ҳавзаи Абдуқаҳҳор, дар нишебии ғарбии қаторкӯҳи Академияи илмҳо, лозури Хирс (дар адабиёти илмии русӣ --- Медвежий) воқеъ аст, ки бо ҳаракатҳои даврии ногаҳонии худ (сёрҷ) дар ҷаҳон шуҳрат дорад. Дарозии лозури Хирс 15,8 км ва масоҳаташ 25,3 км² аст; ҳавзаи барфии он дар баландии беш аз 5500 м бо ҳавзаи лозури Ванҷях (Федченко) муштарак буда, забонаи борику дарози он бо яхшораи (ледопад) 900-метра аз ҳавзаи ғизогирии фирнӣ ба дараи чуқур, то баландии 2900 м, фуруд меояд.<ref name="kotlyakov-medv22">Медвежий ледник // Словарь современных географических названий / Рус. геогр. о-во. Моск. центр; под общ. ред. акад. В. М. Котлякова. --- Екатеринбург: У-Фактория, 2006.</ref> Забонаи ин лозур дар зарфи чанд моҳ то 2 км ба поёни дара пеш рафта, маҷрои дарёи Абдуқаҳҳорро мебандад ва кӯли лозурӣ ба вуҷуд меоварад, ки шикофта шудани он ба обхезиҳои харобиовар дар водии Ванҷ оварда мерасонад. Чунин ҳаракатҳо дар солҳои '''1916''', '''1937''', '''1951''', '''1963''', '''1973''', '''1989''', '''2001''' ва '''2011''' ба қайд гирифта шудаанд.<ref name="medvezhy22">[https://www.silkadv.com/en/content/lednik-medvezhiy-v-hrebte-akademii-nauk Ледник Медвежий в хребте Академии Наук] (рус.) // Silk Road Adventures. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ҳангоми ҳаракати соли '''1963''' лозур қариб 1,75 км пеш рафта, дараи Абдуқаҳҳорро баст ва дар он сол ду маротиба (19 июн ва 3 июл) обхезиҳои лозурӣ рӯй доданд. Соли '''1973''' садди яхине бо паҳноии тақрибан ним километр ва баландии саду панҷоҳ метр дараро банд карда, дар паси он кӯле бо чуқурии то 110 метр пайдо шуд; 19 июни соли 1973, вақте ки дар кӯл 27 млн м³ об ҷамъ омада буд, рахнашавии он ба амал омад.<ref name="vinogradov22">[https://glaciallakes.narod.ru/articles/articl_other/3-1.htm Виноградов Ю. Б. Сведения о прорывах озёр, подпруженных ледниками] (рус.). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар қисмати шарқии қаторкӯҳи Язғулом, дар марзи ҷанубу шарқии ноҳия, қуллаи Истиқлол (то соли 2006 --- қуллаи Революция; 6940 м) --- чорумин қуллаи баланди Тоҷикистон қомат афрохтааст. Дар домани шимолии он лозури бузурги [[Лозури Федченко|Федченко]] --- дарозтарин лозури кӯҳии ҷаҳон берун аз минтақаҳои қутбӣ (77 км) оғоз меёбад.<ref name="revolution22">[http://wiki.risk.ru/index.php/%D0%9F%D0%B8%D0%BA_%D0%A0%D0%B5%D0%B2%D0%BE%D0%BB%D1%8E%D1%86%D0%B8%D0%B8 Пик Революции] (рус.) // Wiki.risk.ru. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Ин лозур, ки соли '''1878''' онро Василий Ошанин кашф карда, ба шарафи табиатшинос Алексей Федченко номгузорӣ намуда буд, аз '''31 июли соли''' 2023 '''бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расман Ванҷях ном''' дорад.<ref name="khovar-vanjyakh2" /><ref name="ozodi-vanjyakh22" /> Паҳноии миёнаи лозур 2 км ва ҳадди аксараш 5 км буда, ғафсии ях то 1 км ва ҳаҷми он ҳамроҳ бо шохобҳояш 144 км³ мерасад; лозур аз баландии 6200 м оғоз ёфта, забонааш то баландии 2909 м фуруд меояд ва дар силсилаи он 100 лозури хурду бузург, аз ҷумла 26 шохоби бевосита, ба ҳам пайвастаанд. Дар канори чапи лозур, дар баландии 4169 м, '''7 августи соли''' 1933 '''истгоҳи гидрометеорологӣ кушода шуда буд, ки то''' соли '''1995''' бефосила кор кард ва соли '''2004''' дар доираи лоиҳаи байналмилалӣ дар он ҷо истгоҳи худкор насб гардид. Бар асари гармшавии иқлим лозур танҳо дар садаи XX дар танаи асосии худ тақрибан 15 км³ ях --- даҳяки массаи худро --- аз даст додааст.<ref name="khovar-vanjyakh2" />
Тибқи баррасиҳои гляциологии охирин, масоҳати умумии лозури Ванҷях (Федченко) тақрибан 700 км² арзёбӣ мешавад ва ҳаҷми умумии яхи он, бар пояи ченкунии ғафсии қабати ях, 123,4 ± 28 км³ ҳисоб карда шудааст.<ref name="mayer-vol2">[https://www.cambridge.org/core/journals/journal-of-glaciology/article/evolution-of-fedchenko-glacier-in-the-pamir-tajikistan-during-the-past-eight-decades/0F2F382BD7954575E28B20128B7825E2 The evolution of Fedchenko glacier in the Pamir, Tajikistan, during the past eight decades] (англ.) // Journal of Glaciology. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар тӯли 93 соли мушоҳидаи илмӣ (1928--2021), суръати миёнаи тағйири баландии сатҳи лозур ба −0,46 метр дар сол расидааст, ҳарчанд дар ду фосилаи алоҳида --- солҳои 1958--1980 ва 2010--2021 --- коҳиши баландии забонаи лозур ду баробар аз меъёри дарозмуддат тезтар будааст.<ref name="jog20242">[https://eartharxiv.org/repository/view/7474/ Multi-temporal elevation changes of Fedchenko Glacier, Tajikistan, from 1928 to 2021] (англ.) // EarthArXiv / Journal of Glaciology, 2024. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ченкуниҳои GNSS ва тасвирбардории радарии TanDEM-X нишон медиҳанд, ки мувозинати ҷирмии лозур аз −0,27 ± 0,05 метри муодили обӣ дар сол барои давраи 2000--2011 то −0,51 ± 0,04 метр дар сол барои давраи 2011--2016 бадтар шудааст, яъне суръати обшавии лозур дар даҳсолаи охир тақрибан ду баробар афзудааст.<ref name="lambrecht20182">Lambrecht A., Mayer C., Wendt A., Floricioiu D., Völksen C. Elevation change of Fedchenko Glacier, Pamir Mountains, from GNSS field measurements and TanDEM-X elevation models, with a focus on the upper glacier // Journal of Glaciology.</ref> Бо вуҷуди ин, азбаски забонаи лозур бо қабати ғафси хоку сангреза пӯшида аст, масоҳати намоёни он тайи даҳсолаҳо танҳо 1,4 фоиз тағйир ёфта, дар ҳоле ки ҳаҷми аслии яхи он коҳиши назаррас --- тақрибан 5 км³ дар тӯли ҳашт даҳсола --- доштааст.<ref name="mayer-vol2" /> Тибқи маълумоти барномаи UNEP GRID-Arendal, забонаи лозур аз соли 1933 инҷониб зиёда аз 1 километр ба ақиб нишастааст ва аз соли 1980 инҷониб тақрибан 50 метр паст шудааст.<ref name="gridarendal2">[https://www.grida.no/resources/5274 Shrinking of Fedchenko Glacier in the Pamirs of Tajikistan] (англ.) // UNEP GRID-Arendal. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Пажӯҳиши соли 2026 дар маҷаллаи «Remote Sensing» доир ба ҳавзаи лозурии дарёи Вахш, ки низоми лозурии Ванҷях (Федченко)-ро низ фаро мегирад, нишон дод, ки масоҳати умумии лозурҳои ин ҳавза аз 4440,9 км² дар соли 2000 то 4087,1 км² дар соли 2018 коҳиш ёфта, барои соли 2025 тахминан 3955,2 км² пешбинӣ мешавад; яъне тайи солҳои 2000--2025 масоҳати умумии лозурҳо 485,7 км² (10,94 фоиз) кам шуда, коҳиши миёнаи солона ба 19,43 км² мерасад.<ref name="rs20262">[[doi:10.3390/rs18091436|Changes in Glaciers of the Vakhsh River Basin, Tajikistan Under Global Climate Change]] (англ.) // Remote Sensing, ҷ. 18, № 9, мақолаи 1436, 2026.</ref>
Қисмати шарқии кӯҳистони ноҳия, аз ҷумла шарқи қаторкӯҳи Ванҷ ва минтақаи лозури Федченко, ба ҳудуди [[Боғи миллии Тоҷикистон]] дохил мешавад, ки соли '''1992''' таъсис ёфтааст ва моҳи июни соли '''2013''' таҳти унвони «Боғи миллии Тоҷикистон (кӯҳҳои Помир)» ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии [[ЮНЕСКО]] шомил гардид.<ref name="unesco22">[https://news.un.org/ru/story/2013/06/1224271 Таджикский национальный парк «Горы Памира» включён в список Всемирного наследия ЮНЕСКО] (рус.) // Маркази ахбори СММ, июни 2013. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="tnp22">[https://medt.tj/ru/tourism/tourism/1424-tajikskiy-natsionalniy-park-obekt-vsemirnogo-naslediya-unesco Таджикский национальный парк --- объект Всемирного наследия ЮНЕСКО] (рус.) // Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Заминҷунбӣ ===
Ноҳияи Ванҷ дар минтақаи аз ҷиҳати заминҷунбӣ фаъол ҷой дорад. '''2''' январи соли 2010 '''дар шарқи Тоҷикистон заминҷунбие бо бузургии 5,1--5,4''' рух дод, ки дар натиҷаи он дар маркази ноҳияи Ванҷ ва деҳаҳои Роғу Гишкон беш аз 1050 бино хароб гардида, тибқи баъзе маълумот то 20 ҳазор нафар зарар диданд ва зиёда аз ҳазор сокин муваққатан бесарпаноҳ монданд.<ref name="ria201022">[https://ria.ru/earthquake_Tadjikistan_03012010/ Землетрясение магнитудой в 5,1 балла произошло в Таджикистане] (рус.) // РИА Новости, 2--3 январи 2010. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="dialog201022">[https://dialog.tj/smertonosnaya-stihiyato-rasskazyvaem-pro-samye-razrushitelnye-zemletryaseniya-v-tadzhikistane-i-mire/ Смертоносная стихия: рассказываем про самые разрушительные землетрясения в Таджикистане и мире] (рус.) // Диалог.TJ. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Иқлим ==
Иқлими ноҳияи Ванҷ қораӣ (континентӣ) аст; тобистонаш гарми бебориш, зимистонаш сарди камбарф; ҳарорати миёна дар моҳи июл 20--24 °C, дар январ аз −12 °C то −20 °C. Мизони борандагии солона 200--300 миллиметр аст. Баландиҳои 4000--5500 м марғзоранд, аз он болотар --- тундраи кӯҳист. Дар баландкӯҳҳо иқлим ба куллӣ дигар аст: дар минтақаи лозури Ванҷях ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво ҳатто дар моҳҳои июн--сентябр ҳамагӣ +1,6 °C буда, миқдори солонаи боришот дар он ҷо ба 1192 мм мерасад, ки 99 дарсади он ба шакли барф меборад.<ref name="khovar-vanjyakh2" />
=== Таснифи иқлимӣ ва механизмҳои ташаккулёбандаи он ===
Тибқи таснифи байналмилалии иқлимшиносии Кёппен--Гейгер (Köppen--Geiger), иқлими қисми асосии водиҳои поёнии ноҳияи Ванҷ ба гурӯҳи '''Dsa''' --- «иқлими қораии мӯътадил бо тобистони гарму хушк» --- мансуб дониста мешавад.<ref name="enwiki-vanj2">[[:en:Vanj|Vanj]] (англ.) // Wikipedia, the Free Encyclopedia. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ин рамз се хусусияти бунёдиро ифода мекунад: ҳарфи D нишон медиҳад, ки ҳарорати миёнаи сардтарин моҳи сол аз −3 °C поёнтар аст ва барф дар зимистон қабати устувор ташкил медиҳад, дар ҳоле ки гармтарин моҳ аз 10 °C болотар аст; ҳарфи s далолат мекунад, ки боришоти моҳи хушктарини тобистон ба маротиб камтар аз боришоти моҳи сербориштарини зимистону баҳор аст; ҳарфи a нишон медиҳад, ки ҳарорати миёнаи гармтарин моҳи сол аз 22 °C зиёдтар аст. Ин таснифот танҳо то баландиҳои тақрибан 2000--2500 метр эътибори комил дорад; бо боло рафтан аз ин сатҳ, иқлим ба категорияҳои сардтару намноки Dsb ва Dsc мегузарад, дар баландиҳои беш аз 3500--4000 метр ба категорияи E (иқлими тундраи кӯҳӣ) ва дар минтақаи лозурҳо, аз ҷумла дар ҳавзаи Ванҷях, ба категорияи EF (иқлими яхбандии доимӣ) табдил меёбад.<ref name="carpathian-outlook2">[http://www.carpathianconvention.org/tl_files/carpathiancon/Downloads/04%20Publications%20-%20Press%20-%20Gallery/CAsia_Summary_screen.pdf Outlook on climate change adaptation in the Central Asian mountains] (англ.) // Carpathian Convention. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Иқлими ноҳия натиҷаи таъсири мутақобилаи се механизми асосии атмосферист. Дар фасли зимистон (аз ноябр то март) минтақа таҳти таъсири канораи ҷанубу ғарбии Антитсиклони Сибирӣ қарор мегирад, ки массаҳои ҳавоии сарду хушкро ба водиҳои Помир ворид карда, ҳавои софи вале шадидан сарди зимистонаро ба вуҷуд меорад.<ref name="ecdp-rmuesom2">[https://ecdp.tj/uploads/files/Ramochnaya_model_upravleniya_ekologicheskimi_i_socialnimi_ohrannimi.pdf Рамочная модель управления экологическими и социальными охранными мерами (РМУЭСОМ)] (рус.) // ECDP.TJ. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар охири зимистону фасли баҳор, силсилабодҳои ғарбӣ (Westerlies), ки аз уқёнуси Атлантик ва баҳри Миёназамин ҷараён мегиранд, манбаи асосии намӣ ва боришот мебошанд; вақте ин сиклонҳо ба қаторкӯҳҳои баланди Ванҷу Язғулом бармехӯранд, раванди боришоти орографӣ (кӯҳсоз) рӯй медиҳад, ки боиси резиши миқдори зиёди борону барф мегардад. Дар моҳҳои июлу август бошад, гармшавии шадиди сатҳи замин дар биёбонҳои Афғонистону Эрон боиси пайдоиши минтақаҳои фишори паст мегардад, ки массаҳои ҳавоии тропикии хушкро ба минтақа ворид карда, равандҳои абрсозиро бозмедоранд ва давраи хушксолии тобистонаро фаро меоранд. Бо сабаби парокандагии шабакаи истгоҳҳои обуҳавосанҷӣ дар кӯҳистони Помир, таҳлили дақиқи микроиқлимҳои алоҳида --- ҳатто бо истифода аз пойгоҳҳои додаҳои глобалӣ ба монанди MERRA-2 --- то ҳанӯз кори мураккабе боқӣ мемонад.<ref name="pmc-panjbasin2">[https://pmc.ncbi.nlm.nih.gov/articles/PMC11760384/ Modeling of historical and future changes in temperature and precipitation in the Panj River Basin in Central Asia under the CMIP5 RCP and CMIP6 SSP scenarios] (англ.) // PMC. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Низоми ҳарорат ===
Маълумоти мушаххаси истгоҳҳои метеорологии маҳаллӣ манзараи дақиқтари низоми ҳароратиро пешкаш мекунанд. Тибқи таҳлили илмии соли 2024, ки бар асоси мушоҳидаҳои истгоҳи обуҳавосанҷии Хумроғӣ (воқеъ дар ҳавзаи болооби рӯди Ванҷ) анҷом дода шудааст, ҳарорати миёнаи солона дар ин минтақа тақрибан ба +9,9 °C баробар аст.<ref name="murodov20242">Murodov, M.; Li, L.; Safarov, M.; Lv, M.; Murodov, A.; Gulakhmadov, A.; Khusrav, K.; Qiu, Y. [[doi:10.3390/rs16101730|A Comprehensive Examination of the Medvezhiy Glacier\'s Surges in West Pamir (1968--2023)]] (англ.) // Remote Sensing. --- 2024. --- Ҷ. 16, № 10. --- Мақолаи 1730. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Гармтарин моҳи сол июл буда, ҳарорати миёнаи он ба +23,0 °C мерасад,<ref name="murodov20242" /> баъзе манбаъҳои дигар ҳарорати миёнаи июлро дар маркази ноҳия то +25 °C арзёбӣ мекунанд.<ref name="enwiki-vanj2" /> Тибқи маълумоти сомонаҳои обуҳавосанҷии оммавӣ, дар давоми рӯзҳои гарми тобистон (масалан, дар охири июлу аввали август) ҳарорати нимирӯзӣ метавонад ба таври муназзам то +27...+32 °C боло равад.<ref name="gismeteo-vanch2">[https://www.gismeteo.ru/weather-vanch-336641/ Погода в Ванче сегодня] (рус.) // Gismeteo. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Сардтарин моҳи сол январ аст, ки тибқи маълумоти истгоҳи Хумроғӣ ҳарорати миёнааш аз −4,9 то −5,0 °C-ро ташкил медиҳад.<ref name="murodov20242" /><ref name="enwiki-vanj2" /> Ин рақам аз тавсифи умумии дар боло овардашуда (аз −12 то −20 °C), ки маъмулан дар сарчашмаҳои донишномавӣ дар бораи маркази ноҳия дода мешавад, фарқи назаррас дорад; чунин ба назар мерасад, ки ин тафовут на ихтилофи асл, балки натиҷаи фарқи мавқеи чен ва усули ҳисоб бошад --- рақами дуюм эҳтимолан ба ҳарорати шабонаи ниҳоии сардтарин рӯзҳо ё ба минтақаҳои баландтари ноҳия дахл дорад, дар ҳоле ки рақами якум ҳарорати миёнаи моҳонаро дар як истгоҳи мушаххас инъикос мекунад. Муҳимтарин хусусияти ин иқлим амплитудаи миёнаи солонаи ҳарорат аст, ки ба 27,9 °C мерасад ва гувоҳи равшани набудани таъсири мӯътадилкунандаи баҳрҳо мебошад.<ref name="murodov20242" />
Ҳароратҳои фавқулода низ ба қайд гирифта шудаанд: тибқи як ҳуҷҷати арзёбии экологию иҷтимоӣ, дар моҳи '''июли соли 2013''' ҳарорати ҳаво дар ноҳия то '''+36,6 °C''' расидааст, дар ҳоле ки дар моҳи '''январи соли''' 2012 '''пасттарин ҳарорати мутлақ''' −20,5 °C '''ба қайд гирифта''' шуд;<ref name="ecdp-rmuesom2" /> тафовути миёни ин ду нишондиҳанда --- беш аз 57 дараҷа --- худ далели равшани шиддати иқлими қораии кӯҳистонии ноҳия аст.
Бо ҳар 100 метр болоравии баландӣ, ҳарорати ҳаво, тибқи қонунияти умумии физикаи атмосфера, ба ҳисоби миёна 0,6 °C коҳиш меёбад; маҳз ҳамин градиенти амудӣ сабаб мешавад, ки дар ҳоле ки дар маркази ноҳия тобистон гармои то 30 дараҷа ҳукмфармост, дар баландиҳои болои 4000 метр шароити наздик ба зимистон боқӣ мемонад. Дар минтақаи лозури Ванҷях, тавре ки дар боло зикр гардид, ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво ҳатто дар моҳҳои июн--сентябр ҳамагӣ +1,6 °C-ро ташкил медиҳад, ки шабнаму яхбандии шабонаро дар он ҷо ҳатто дар авҷи тобистон табиӣ мегардонад.
{| class="wikitable"
|+Ҷадвали 1. Хулосаи нишондиҳандаҳои иқлимии ноҳияи Ванҷ<ref name="murodov20242" /><ref name="enwiki-vanj2" /><ref name="ecdp-rmuesom2" /><ref name="gismeteo-vanch2" /><ref name="jsprav-vanch2">[https://pogoda.jsprav.ru/tj/vanch/ Погода в Ванче (Таджикистан)] (рус.) // JSPRAV.ru. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
!Нишондиҳанда
!Қимат
!Тавзеҳ
|-
|Ҳарорати миёнаи солона
| +9,9 °C
|Истгоҳи Хумроғӣ
|-
|Ҳарорати миёнаи июл (гармтарин моҳ)
| +23,0...+25,0 °C
|Хумроғӣ / маркази ноҳия
|-
|Ҳарорати миёнаи январ (сардтарин моҳ)
|−4,9...−5,0 °C
|Истгоҳи Хумроғӣ
|-
|Амплитудаи миёнаи солонаи ҳарорат
|27,9 °C
|Нишондиҳандаи иқлими қораӣ
|-
|Максимуми мутлақ (рекорд)
| +36,6 °C
|Июли соли 2013
|-
|Минимуми мутлақ (рекорд)
|−20,5 °C
|Январи соли 2012
|-
|Боришоти солона (Хумроғӣ)
|341 мм
|Ҳавзаи болооби рӯди Ванҷ
|-
|Моҳи сербориштарин
|64 мм
|Март
|-
|Моҳи хушктарин
|1 мм
|Август
|-
|Намнокии нисбии ҳаво дар тобистон
|18--24 %
| ---
|}
=== Боришот ва намнокии ҳаво ===
Тақсимоти боришот дар ноҳияи Ванҷ, мисли ҳарорат, ба таври шадид вобаста ба баландӣ тағйир меёбад. Тибқи маълумоти истгоҳи Хумроғӣ, боришоти миёнаи солона дар ҳавзаи болооби рӯди Ванҷ ба 341 мм мерасад,<ref name="murodov20242" /> дар ҳоле ки дар қисматҳои поёнии водӣ ин рақам ба 200--300 мм наздик аст (ниг. боло), ва дар баъзе минтақаҳои миёнакӯҳ, тибқи баъзе сарчашмаҳо, то 626 мм низ мерасад.<ref name="enwiki-vanj2" /> Хусусияти муҳимтарин на ҳаҷми умумии боришот, балки тақсимоти бениҳоят нобаробари он дар тӯли сол аст: моҳи сербориштарин март буда, ба ҳисоби миёна 64 мм боришот дорад ва бо обшавии ҳамзамони барфҳои кӯҳӣ сатҳи оби Ванҷобу Язғуломро кескин боло мебарад; моҳи хушктарин бошад, август аст, ки миқдори боришот дар он ҳамагӣ ба 1 мм мерасад.<ref name="murodov20242" /> Тафовути 63-миллиметра миёни ин ду моҳ нишондиҳандаи равшани хушксолии мутлақи тобистона мебошад.<ref name="murodov20242" />
Намнокии нисбии ҳаво низ ба ҳамин ритми мавсимӣ пайравӣ мекунад: дар авҷи тобистон он метавонад то 18--24 фоиз коҳиш ёбад,<ref name="jsprav-vanch2" /> ки боиси бухоршавии босуръати намӣ аз сатҳи хоку баргу набот гардида, эҳтиёҷи кишоварзиро ба обёрии сунъӣ хеле меафзояд. Дар муқобил, дар минтақаи баландкӯҳии лозури Ванҷях, тавре ки дар боло омад, миқдори солонаи боришот ба 1192 мм мерасад, ки 99 дарсади он ба шакли барф меборад --- рақаме, ки таъсири орографии (кӯҳсози) қаторкӯҳҳои Ванҷу Академияи илмҳоро ба таври возеҳ нишон медиҳад: ҳангоме ки массаҳои ҳавоии намнок ба ин деворҳои азим бармехӯранд, ба боло ҳаракат карда, сард мешаванд ва намии худро дар шакли боришоти шадид дар минтақаҳои баландтар мепартоянд, дар ҳоле ки водиҳои поёнӣ дар «сояи боришот» боқӣ мемонанд.
Хоки водиҳо ҷигарӣ ва чаманзорӣ (чимтолӣ); хоки кӯҳҳо ва нишебиҳои онҳо даштӣ ва марғзору баландкӯҳ, ҷо-ҷо регзор аст. Аксари хокҳо серсанганд.
Дар водиҳо набототи даштӣ, дар кӯҳҳо ва доманаи онҳо дарахтони бед, арча, сафедор, буттаҳои ангат, зирк, бушол, настаран; дар баландии 2000--4000 м камол, юған, торон, ревоҷ (чукрӣ), куруш, фарк, курт, бодом, жағн, тӯс (буруҷ) ва ғайра мерӯянд. Дар водии Ванҷ дарахтони мевадор, аз қабили тут, зардолу, себ, чормағз хеле фаровонанд ва ҳосили хуб медиҳанд.
Аз ҳайвоноти ваҳшӣ паланг, хирс, гург, шағол, рӯбоҳ, оҳу, суғур, заргӯш, аз парандагон гунҷишк, ғулба, кабки реза, кабки дарӣ (ҳилол), кафтар, боз, ғалевоз, уқоб ва ғайра вомехӯранд.
=== Минтақабандии амудии эко-иқлимӣ ===
Бо сабаби тафовути шадиди баландӣ --- аз 1500 метр дар қисматҳои поёнии водӣ то беш аз 6000 метр дар қуллаҳо --- иқлими ноҳияи Ванҷ якранг нест, балки аз занҷираи пайдарпайи минтақаҳои эко-иқлимӣ иборат аст, ки ҳар кадоме шароити хоси гармову намнокӣ ва набототу ҳайвоноти мувофиқи худро доранд.
Дар баландии 1500--2000 метр, дар водиҳои Ванҷу Водхуд, иқлим гармтарину мусоидтарин аст; маҳз дар ҳамин минтақа, тавре ки дар боло зикр шуд, дарахтони меваовар --- тут, зардолу, себу чормағз --- ҳосили фаровон медиҳанд. Аз баландии 2000 то 4000 метр иқлим сардтар мешавад ва набототи дарахтии гармидӯст ҷои худро ба буттаву гиёҳҳои тобовар ба хушкии тобистона медиҳад; маҳз ҳамин минтақа, тибқи таҳқиқоти экологии барномаҳои ҷаҳонии ҳифзи табиати Осиёи Марказӣ, макони зисти намудҳои нодири эндемикӣ --- аз ҷумла гиёҳи *Nepeta badachschanica* ва шапараки нодири кӯҳӣ *Parnassius autocrator* --- маҳсуб мешавад.<ref name="iucn-centralasia2">[https://portals.iucn.org/library/sites/library/files/documents/2020-003-En.pdf World Heritage thematic study for Central Asia] (англ.) // IUCN Portals. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар баландии 4000--5500 метр, дар минтақаи тундраи кӯҳӣ ва марғзорҳои алпӣ, набототи дарахтӣ комилан аз байн меравад ва танҳо гиёҳҳои пастқад, ушна ва сангфаш (лишайник) боқӣ мемонанд; фаунаи ин минтақа --- аз ҷумла паланг, хирс, суғур ва кабки дарӣ (ҳилол) --- бештар дар фасли тобистон ба ин баландиҳо мебарояд ва бо фарорасии зимистон ба минтақаҳои поёнии гармтар муҳоҷирати амудӣ мекунад.<ref name="iucn-centralasia2" /> Ниҳоят, аз баландии 5500 метр боло, дар минтақаи нивалӣ-пиряхӣ, олами яхбандии доимӣ оғоз мешавад, ки ба иқлими қутбҳои Замин монандӣ дорад ва манбаи асосии ғизогирии пиряхҳои бузурги ноҳия, аз ҷумла лозури Ванҷях, ба шумор меравад.
=== Хатарҳои гидрометеорологӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ===
Иқлими шадидан қораии ноҳияи Ванҷ, ки бо боришоти пуршиддати баҳорӣ ва хушксолиҳои шадиди тобистона тавсиф мешавад, минтақаро ба яке аз осебпазиртарин ноҳияҳо аз лиҳози хатарҳои гидрометеорологӣ дар тамоми ҳавзаи рӯди Панҷ табдил додааст.<ref name="cif-pyanj-vuln2">[https://www.cif.org/sites/default/files/meeting-documents/tajikistan_pyanj_river_basin_climate_change_vulnerability_assessment_20130510_0.pdf Climate Change Vulnerability Assessment Republic of Tajikistan: Building Climate Resilience in the Pyanj River Basin] (англ.) // Climate Investment Funds (CIF). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ду омили асосии иқлимӣ сабабгори аксари сел ва обхезиҳо мебошанд. Аввал, вақте ки боришоти шадиди баҳорӣ бо баландшавии ногаҳонии ҳарорат ҳамроҳ мешавад, барфҳои нишебиҳои кӯҳӣ босуръат об шуда, заминро аз ҳад зиёд сернам мекунанд ва ба лағжиши қабатҳои замин ва фаромадани селҳои лойқадор оварда мерасонанд.<ref name="murodov20242" /> Дуюм, ҳангоме ки ҳарорати нимирӯзии тобистона ба атрофи +30 °C мерасад, суръати обшавии пиряхҳо ба ҳадди аксар расида, метавонад боиси обхезиҳои ногаҳонии кӯлҳои пиряхӣ гардад,<ref name="jsprav-vanch2" /> падидае, ки, тавре ки дар бахши [[Ноҳияи Ванҷ#Лозурҳо ва қуллаҳо|«Лозурҳо ва қуллаҳо»]] зикр гардид, дар мисоли лозури Хирс борҳо ба амал омадааст.
Тибқи арзёбии осебпазирии иқлимӣ, ки дар доираи лоиҳаи минтақавии «Ташаккули устувории иқлимӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ» анҷом дода шудааст, деҳаҳои ноҳияи Ванҷ, аз ҷумла дар ҷамоатҳои Водхуду Язғулом, дар қатори минтақаҳои дорои хатари миёна ва баланди зарар аз сел ва обхезӣ гурӯҳбандӣ шудаанд.<ref name="cif-pyanj-vuln2" /><ref name="adb-pyanj2">[https://www.adb.org/projects/45354-002/main 45354-002: Building Climate Resilience in the Pyanj River Basin] (англ.) // Asian Development Bank. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Барои коҳиш додани ин осебпазирӣ, дар доираи лоиҳаҳои байналмилалии мутобиқшавӣ ба иқлим, дар ҳудуди ҷамоати Водхуд корҳои мустаҳкамкунии соҳили рӯди Ванҷоб ва барқарорсозии лӯлаҳои оби полезӣ анҷом дода шудаанд, ки ҳадафи онҳо ҳифзи заминҳои кишоварзӣ аз сел ва кафолати таъминоти об дар давраҳои хушксолии шадид мебошад.<ref name="cif-pyanj-vuln2" /> Ин гуна тадбирҳои инфрасохторӣ, дар якҷоягӣ бо гузариш ба неруи барқи хурди обӣ (ниг. бахши [[Ноҳияи Ванҷ#Энергетика|«Энергетика»]]) ва вобастагии иқтисоди хонаводаҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ (ниг. бахши [[Ноҳияи Ванҷ#Муҳоҷирати меҳнатӣ|«Муҳоҷирати меҳнатӣ»]]), нишондиҳандаи равшани он мебошанд, ки иқлими шадиди кӯҳистонӣ на танҳо омили табиӣ, балки муайянкунандаи асосии тарзи зиндагӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ванҷ боқӣ мемонад.
== Таърих ==
Ванҷ таърихи чандинҳазорсола дорад, ки осори таърихии он то ҳол пойбарҷоянд, аммо касе аз донишмандони таърих ва бостоншиносони тоҷик ба пажӯҳиши ҷиддии ин ганҷинаи таърих домани ҳиммат барназадааст. Сағонаҳо ва дахмаҳои Ванҷ худ далели ошкори таърихи чандҳазорсолаи ин куҳанбуманд. Бо ин ҳама, таърихи навини водӣ дар осори муаррихони тоҷик --- мақолаи академик Раҳим Масов «Оид ба таърихи водии Ванҷ» ва китобҳои профессор Ҳайдаршо Пирумшоев --- мавриди баррасии махсус қарор гирифтааст.<ref name="masov19992">Масов Р. М. К истории Ванчской долины // Мероси ниёгон. --- Душанбе, 1999. --- № 4. --- С. 20--30.</ref><ref name="pirumshoev-web2" />
Сарнавишти таърихии Ванҷ аз дигар мавзеъҳои тоҷикнишини Бухорои Шарқӣ ва ғарби Бадахшон чандон фарқе надошт. Фоҷиаҳое, ки дар ин ё он гардиши таърихӣ, мисли ҳуҷуми муғулҳо, темуриён ва тозиши дигар қабилаҳои кӯчии туркнажод ва хунрезиҳои ваҳшиёна дар давраи парокандагии феодалӣ рух доданд, бар ин сарзамин бетаъсир набуданд. Тоҷиконе, ки зери таъқибу фишори аҷнабиён қарор гирифта буданд, барои ҳифзи ҷони худ ба тагнои ин дараҳои дастнорас, ба каронаҳои рӯдҳои кӯҳӣ паноҳ бурданд ва ба ҷойҳои дурдасте кӯчиданд, ки сокинони маҳаллӣ дар он солиёни дароз бо кӯшишу ранҷи сахт қитъаҳои хурди заминро барои кишт созгор мекарданд.
Далели мустақими мардумшиносии ин падидаи муҳоҷират аз ҷониби шарқшиноси рус А. А. Семёнов, ки соли 1898 дар доираи экспедитсияи расмии граф А. А. Бобринский ба кӯҳҳои Зарафшону Қаротегину Дарвоз сафар карда буд, сабт гардидааст:<blockquote>«Обитатели долины Ванджа говорили, что ихъ долина заселена недавно, лѣтъ сто тому назадъ, выходцами съ Хингоба. Это переселеніе, замѣтимъ, на Вандж съ Хингоба продолжается, вѣроятно, и до сихъ поръ: намъ здѣсь приходилось встрѣчать много туземцевъ, которые родились въ долинѣ Хингоба и недавно переселились на Ванджъ. Туземцы Дарваза по Пянджу передавали, что ихъ отцы заселили правый берегъ рѣки, когда лѣвый былъ занятъ, и пришли сюда изъ долины Хингоба, туда же переселились съ Ях-Су.»</blockquote>Тарҷума: «Сокинони водии Ванҷ мегуфтанд, ки водии онҳо начандон пеш, тахминан сад сол қабл, аз ҷониби муҳоҷирони аз Ҳингов омада маскун шудааст. Ин муҳоҷират, бояд қайд кард, аз Ҳингов ба Ванҷ, эҳтимол, то ба имрӯз низ идома дорад: мо дар ин ҷо бисёр сокинонеро вохӯрдем, ки худашон дар водии Ҳингов таваллуд шуда, ба наздикӣ ба Ванҷ кӯчида буданд. Сокинони бумии Дарвоз дар соҳили Панҷ нақл мекарданд, ки падарони онҳо соҳили рости дарёро — вақте ки соҳили чап аллакай ишғол шуда буд — маскун сохтаанд ва ба ин ҷо аз водии Ҳингов омада буданд, ки худ пеш аз он аз Ях-Су ба он ҷо кӯчида буд».<ref name="semenov1903-migration">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 20.</ref> Ин маълумоти мардумшиносӣ, ҳарчанд бар асоси ривояти шифоҳии сокинон дар охири асри XIX сабт шуда ва набояд ҳамчун санади мутлақи таърихӣ пазируфта шавад, бо ин ҳама, бо тасвири умумии дар боло овардашуда — ки водиро паноҳгоҳи гурезагони кӯҳистонӣ аз минтақаҳои гуногун меҳисобад — ҳамоҳангии комил дорад.
Дар бораи таърихи куҳантари Ванҷ ҳанӯз манбаъи мувассақе ба даст нарасидааст. Аммо аз таҳқиқоти донишмандони руси тоинқилобӣ ва муҳаққиқони аҳди шӯравӣ бармеояд, ки Ванҷ қариб то охири асрҳои миёна истиқлоли худро нигоҳ медошт. Ин назарро донишманди маъруф, мутахассиси таърихи Бухорои Шарқӣ ва Бадахшон Б. Искандаров чунин баён кардааст:<ref name="iskandarov2">Искандаров Б. И. Восточная Бухара и Памир во второй половине XIX в. Ч. 1--2. --- Душанбе, 1962--1963.</ref><blockquote>Аз мулкҳои қаламрави Дарвоз сокинони Ванҷ нисбатан мустақилияти воқеъиро соҳиб буданд. Ин ноҳияро кӯҳҳои баланд иҳота мекунанд ва он аз шоҳроҳи пайвандгоҳи мулкҳои кишвар дар канор, дар наздикиҳои доманаи лозури Федченко ҷой дорад. Аз ин ҷиҳат мулки номбурда барои аҷнабиён дастнорас буд. Ба ин нигоҳ накарда, хонҳои Қӯқанд дар охири асри XVIII -- ибтидои XIX борҳо барои ғасбу тобеъ намуданаш кӯшиш ба харҷ додаанд, вале ҳама талафоту харҷашон беҳуда анҷом ёфтааст.</blockquote>Ванҷ дар замони истилои муғулон ва салтанати Темуриён, Шайбониён ва Аштархониён ба таври расмӣ ҷузъи қаламрави онҳо шинохта мешуд, аммо амалан мустақил буд. Ин вазъиятро метавон дар замони ташаккули давлатдории Қӯқанд (авохири асри 18 -- нимаи якуми асри 19) низ мушоҳида кард. Мувофиқи маълумоти маъхазҳо, Ванҷ то замони эътироф кардани ҳукумати шоҳи Дарвоз Исмоил (1845--1863) истиқлоли худро нигоҳ дошт. Дар замони ҳукмронии шоҳони вопасини Дарвоз (1863--1877) Ванҷ бахше аз қаламрави он ҳисоб меёфт. Баъд аз пайвастани Ванҷ ба Дарвоз иқтидори ҳокимони Дарвоз афзоиши чашмгире дошт, зеро бо ҳамроҳ шудани паҳлавонони ҳузарби ванҷӣ ба сафи лашкари Исмоилшоҳ имконоти ҷангии ӯ бамаротиб афзуд.
Тибқи ривояти маҳаллӣ, ки муаррихон Р. Масов ва Ҳ. Пирумшоев дар асари бунёдии худ «Файзи истиқлол дар "Боми ҷаҳон"» сабт кардаанд, дар деҳаи Кулумбаи Боло то ба имрӯз нишонаҳои коркарди тилло боқӣ мондаанд, ки гӯё дар замони истилои муғулон навкарони Чингизхон мардуми маҳаллиро маҷбуран ба ин фаъолият сафарбар карда буданд.<ref name="masov-pirumshoev20112">Масов Р. М., Пирумшоев Ҳ. Файзи истиқлол дар «Боми ҷаҳон». --- Душанбе: Дониш, 2011. --- 412 с. --- ISBN 978-99947-2-004-0. --- С. 362--363.</ref> Ин ривоят нишон медиҳад, ки ҳарчанд қудратҳои бузург метавонистанд нуфузи худро ба таври муваққатӣ ва барои истихроҷи захираҳо таҳмил кунанд, онҳо ҳеҷ гоҳ натавонистанд назорати пурраи маъмуриро дар ин дараҳои маҳкам барқарор намоянд. Дар замони салтанати Темуриён низ, тибқи маълумоти муаррихи асримиёнагӣ Абдурраззоқи Самарқандӣ, агарчи минтақа расман дар итоати Темур буд, он аз ҷониби шоҳони маҳаллӣ идора мешуд ва ҳатто дар лашкари Темур ҳангоми муҳосираи Қалъаи Калот (соли 1381 милодӣ) дастаҳое аз сокинони Дарвозу Қаротегин хидмат мекарданд, ки гувоҳи иқтидори ҳарбии ин кӯҳистониён аст.<ref name="masov-pirumshoev20112" />
Дар охири асри XVIII ва нимаи якуми асри XIX хонҳои Қӯқанд якчанд маротиба кӯшиши тобеъ намудани Ванҷу Дарвозро ба харҷ доданд: дар замони салтанати Умархон (1810--1822) ва Мадалихон лашкаркашиҳои пайдарпай ба самти Қаротегину Дарвоз сурат гирифтанд; чунончи соли 1834 Мадалихон бо сарварии Машариф Атолиқ лашкари бузургеро барои саркӯб кардани шоҳзодагони фирории қӯқандӣ ба ин манотиқ фиристод, ки боиси даргириҳои шадид бо сипоҳиёни маҳаллӣ гардид.<ref name="mudabirzoda-diss2">Мудабирзода. Диссертатсия // Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш, 2025.</ref> Бо вуҷуди ин талошҳо ва хароҷоти зиёди ҳарбӣ, тавре ки дар боло аз қавли Искандаров зикр гардид, Ванҷ мустақилияти воқеии худро нигоҳ дошт.
Бо таваҷҷуҳ ба ин мавзӯъ, намояндаи расмии идораи Русия дар Туркистон Г. А. Арандаренко чунин қайд намудааст:<blockquote>Дар давраи Исмоилшоҳ ба дарвозиён фурсат даст дод, ки ҳокимияти худро на танҳо дар Қаротегин ва Шуғнон густариш диҳанд, балки аз Кӯлобу Ҳисор низ боҷ биситонанд, гарчи дар муддати на чандон тӯлонӣ ҳам бошад.</blockquote>Тибқи таҳқиқоти навтарин, Исмоилшоҳ дар авҷи иқтидори худ ба ин доираи васеъ ҳатто Рӯшонро низ тобеъ карда буд.<ref name="mudabirzoda-diss2" /> Вақте ки дар охирҳои солҳои 1860-ум ҳокимони Кӯлобу Ҳисор --- Сарахон ва Абдулкаримбий --- бо лашкари тахминан 50 ҳазор нафара ба муқобили ӯ бархостанд, Исмоилшоҳ бо дастгирии неруҳои содиқи худ, аз ҷумла паҳлавонони ванҷӣ, ба онҳо муқовимати шадид нишон дод.<ref name="mudabirzoda-diss2" />
Баъди ба Русия ҳамроҳ кардани Осиёи Миёна, амир Музаффар (1860--1885) бо дастгирии фармондори вилояти Туркистон манотиқи мустақиллу нимамустақилли Бухорои Шарқиро тасарруф кард ва нерӯҳои ҳарбии худро бо сарварии Худойназар (зимистони солҳои 1877--78) ба воситаи ағбаи Работ ба Қалъаи Хумб фиристод. Худойназар Қалъаи Хумбро ишғол кард, сипас ба самти Ванҷ ҳаракат намуд. Дар наздикии деҳаи Кеврон набарди сахте рӯй дод ва аскарони амир тавонистанд лашкари Дарвозро шикаст дода, таъқиби сарбозони боқимондаро идома диҳанд. Дастаи размандагони ихтиёрии Ванҷ ҳаракати сарбозони амирро дар назди Қалъаи Рохарв --- маркази Ванҷ боздоштанд. Баъди муҳосираи бенатиҷаи қалъа сарбозони амир ба Қалъаи Хумб баргаштанд. Ванҷ баъди тобеъ шудани шоҳии Дарвоз боз ду сол истиқлоли худро нигоҳ дошт. Дар давраи салтанати сулолаи манғитиён Ванҷ яке аз амлокдориҳои нисбатан бонуфузи бекии Дарвоз ба шумор мерафт.
Амлокдори Ванҷро «мир» ва ё «шоҳ» меномиданд, яъне мири Ванҷ ё шоҳи Ванҷ. Вижагии вазифаи мирӣ дар Ванҷ дар ин буд, ки номзадии мири Ванҷро бо машварат ва ройзании шахсиятҳои бонуфузи маҳаллӣ пешбарӣ мекарданд, сипас мири Дарвоз бар ӯ мувофиқат мекард ва аз амири Бухоро таъйиди ниҳойӣ дарёфт мешуд. Ҷамъ намудани андоз ва уҳдадориҳои феодалӣ ба зиммаи мир гузошта шуда буданд.
Муҳимтарин санади таърихӣ, ки сохтори деҳаҳо ва демографияи ин давраро тасдиқ мекунад, ҳуҷҷати барӯйхатгирии саросарии Аморати Бухоро дар соли 1914 мебошад. Тибқи ин санад, ки 6-уми моҳи рабиъу-с-сонии соли 1332-и ҳиҷрӣ (мутобиқ ба марти соли '''1914''') аз тарафи беки Дарвоз Абдусатторбек Бийи Додхоҳ бо муҳр тасдиқ шудааст, маркази амлокдории Ванҷ расман дар деҳаи Рохарв (макони Қалъаи Ванҷ) сабт гардидааст.<ref name="sssr-112sol2">[https://sssr.tj/vanj-va-yazgulom-112-sol-pesh-az-in/ Ванҷ ва Язгулом 112 сол пеш аз ин] // Газетаи мардумии СССР. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ин рӯйхати нодир нишон медиҳад, ки аксари мутлақи деҳаҳои имрӯзаи водӣ ҳанӯз сад сол қабл бо ҳамон номҳои таърихии худ вуҷуд доштанд ва қисми узвии сохтори маъмурии амлокдорӣ буданд.<ref name="sssr-112sol2" />
Сокинони водии Ванҷ Инқилоби Октябрро нисбатан хуб пазируфтанд, вале пас аз муддати кӯтоҳе муборизони маҳаллии муқовимат, аз пайравони Фузайл Махсум ва дигарон, ки бо номи «босмачиён» маъруфанд, чандин бор бо Артиши Сурх ва давлати шӯравии мустақарр дар Ванҷ даргир шуданд. Дар ин даргириҳо барои дифоъ аз ҳукумати шӯравӣ фидоиёни маҳаллӣ, мисли М. Давлатов, С. Раупов, Т. Шарифов, В. Эҳсонов, У. Меҳралишоев, Ҷ. Сафоев, Қ. Собиров ва дигарон ширкат доштанд.
Бино бар сарчашмаҳои таърихӣ, дар асрҳои миёна Ванҷ се ниҳиштаи маъдани оҳансанг дошт. Ҳанӯз дар оғози асри XX истихроҷи оҳан, гудохтани он ва оҳангарӣ яке аз пешаҳои асосии мардуми маҳаллии Ванҷ буд, ки бо ин пеша манотиқи муҷовирро бо оҳан ва афзоли хоҷагӣ, асбоби кишоварзӣ, корду шамшер ва дигар аслиҳа таъмин мекарданд.<ref name="kamoliddinov2">Камалиддинов Ш. С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX --- начала XIII вв. --- Ташкент: Ӯзбекистон, 1996.</ref> Ин касби мардумии ванҷиёнро шарқшиноси маъруф М. С. Андреев ҳанӯз соли '''1926''' дар рисолаи махсуси худ «Истеҳсоли оҳан дар водии Ванҷ» муфассал тавсиф кардааст.<ref name="andreev2">Андреев М. С. Выработка железа в долине Ванча (верховья Аму-Дарьи). --- Ташкент, 1926.</ref>
Тибқи маълумоти иловагӣ дар бораи ин ҳунари мардумӣ, гудозиши оҳан дар кӯраҳои махсуси заминӣ (домнитсаҳо), ки аз сангҳои тарошиданашуда ва гил сохта мешуданд, анҷом мепазируфт; оташро тавассути дампаҳои аз пӯсти буз сохташуда меафрӯхтанд ва ҳамчун сӯзишворӣ аз ангишти чӯб ва гиёҳи махсуси кӯҳии «пуш» истифода мекарданд.<ref name="khodorov-narhoz2">[https://istmat.org/files/uploads/43175/i.e.hodorov_tadzhikistan_v_narodnom_hozyaystve_sssr.pdf Ходоров И. Е. Таджикистан в народном хозяйстве СССР] (рус.) // Исторические материалы (istmat.org). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Як чунин кӯра тавоноӣ дошт, ки дар як шабонарӯз то 240 килограмм маъданро коркард намояд ва раванди пайвастаи гудозиш аз 2 то 5 шабонарӯз идома меёфт;<ref name="khodorov-narhoz2" /> маҳз ҳамин технологияи маҳаллӣ ба Ванҷ имкон медод, ки аз воридоти металл аз берун вобаста набошад ва артиши худро бо аслиҳаи сард таъмин карда, худкифоии ҳарбию иқтисодиро кафолат диҳад.
Ванҷ аз замони [[Сомониён]] то соли '''1877''' ҳукумате мустақил дошта, фармонравоёни онро шоҳ мехондаанд. Соли '''1878''' амири [[Бухоро]] ба Дарвоз лашкар кашид ва пас аз хиёнати баъзе дарвозиён ба Дарвоз муставлӣ шуд; Дарвозро бекигарӣ ва Қалъаи Хумбро қароргоҳи урдуи манғитиён гардонд. Дарвоз тайи солҳои 1878--1920 яке аз бекигариҳои Бухоро буд ва бек дар [[Қалъаи Хумб]] менишаст ва мир хонда мешуд. Бо вуҷуди ин ҳама, Ванҷ зоҳиран дар итоати бекигарӣ буд, вале истиқлоли худро нигаҳ дошт ва пои шуми сипоҳи манғитиён ба Ванҷзамин нарасид.
Соли '''1895''' бекигарии Дарвоз, ки дар ҳар ду канораи рӯди Панҷ қарор дошт, дар паи ҷаҳонгириҳои [[Русия]] ва [[Британияи Кабир|Британия]] дупора гардид: канораи рост ба аморати Бухоро ва канораи чап ба Афғонистон дода шуд.<ref name="postnikov2">Постников А. В. Схватка на «Крыше Мира»: политики, разведчики и географы в борьбе за Памир в XIX веке. --- М.: Памятники исторической мысли, 2001. --- 416 с. --- ISBN 5-88451-100-0.</ref>
Ванҷ то соли '''1920''' амлокдории Қалъаи Ванҷи бекигарии Дарвози аморати Бухоро буд. Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 Ванҷ аз соли 1920 то 1924 чун тумани Ванҷ дар ҳайати вилояти Ғарми Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро ҷой дошт. Солҳои 1925--1926 Ванҷ чун ҷузъи тумани Қалъаихумби вилояти Ғарми ҶМШС Тоҷикистон ҳисоб меёфт. Солҳои 1926--1930 волости Ванҷ дар ҳайати ВМКБ буд. Солҳои 1930--1933 Ванҷ чун қисми ҳудуди ноҳияи Қалъаихумб бевосита дар тобеъияти ҷумҳурӣ буд.
Тибқи Қарори Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон аз '''29 майи соли''' 1933''', №46 расман ноҳияи Ванҷ таъсис ёфта, то соли 1937 дар тобеъияти''' бевоситаи ҷумҳурӣ қарор дошт. Дар асоси Қарори Президиуми КИМ-и Шӯроҳои ҶШС Тоҷикистон аз '''11 августи соли 1937''', №43 ноҳияи Ванҷ бо ҳамаи деҳшӯроҳояш: Ванҷ, Водхуд, Рованд, Техарв, Жовуд ва Язғулом расман ба ҳайати ҳудудии ВМКБ гузаронида шуд. Бино бар ин, ноҳияи Ванҷ ҳамчун воҳиди маъмурӣ дар ҳайати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 11 августи соли 1937 ташаккул ёфтааст.
{| class="wikitable"
|+Таҳаввулоти маъмурию ҳудудии Ванҷ (то соли 1878 --- соли 1937)
!Марҳилаи таърихӣ
!Мақоми маъмурию ҳудудӣ
!Тобеияти давлатӣ/минтақавӣ
|-
|То соли 1878
|Мухторияти комил / Иттиҳод бо Дарвоз
|Идоракунии мустақил таҳти сарварии шоҳ
|-
|1878--1920
|Амлокдории Қалъаи Ванҷ
|Бекигарии Дарвоз, Аморати Бухоро
|-
|1920--1924
|Тумани Ванҷ
|Вилояти Ғарми Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро
|-
|1925--1926
|Ҷузъи тумани Қалъаихумб
|Вилояти Ғарми ҶМШС Тоҷикистон
|-
|1926--1930
|Волости Ванҷ
|Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
|-
|1930--1933
|Қисми ноҳияи Қалъаихумб
|Тобеияти бевоситаи ҶШС Тоҷикистон
|-
|29 майи 1933
|Ноҳияи Ванҷ (таъсиси мустақил)
|Тобеияти бевоситаи ҶШС Тоҷикистон
|-
|11 августи 1937
|Ноҳияи Ванҷ бо 6 деҳшӯро
|Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ)
|}
Дар нимаи солҳои 1950-ум сиёсати муҳоҷиркунонии аҳолии кӯҳистон ба водиҳои пахтакор ба Ванҷ низ бетаъсир намонд: соли '''1954''' сокинони водии Язғулом ба ноҳияи Куйбишеви водии Вахш кӯчонида шуданд. Гармои тоқатфарсо, беморшавии оммавӣ ва фавти зиёди кӯдакон ин муҳоҷиратро барои кӯчидагон фоҷиабор гардонд ва бахши зиёди онҳо тадриҷан ба зодгоҳи худ баргаштанд, ҳарчанд на ҳама; як ҷамоаи язғуломизабон то имрӯз дар водии Вахш боқӣ мондааст.<ref name="edelman-iling2">[https://iling-ran.ru/web/ru/scipop/blog/1911_edelman Из полевых записей середины прошлого века. Об экспедициях в язгулямский язык в 1950-х гг.] (рус.) // Сомонаи Пажӯҳишгоҳи забоншиносии Академияи илмҳои Русия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fieldling2">[http://field-ling.moscow/c/language/yazghulami/ Язгулямский язык] (рус.) // Экспедиции Московской школы полевой лингвистики. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="vostokoriens2">[https://vostokoriens.ru/articles/2745/218564 Астрономические знания язгулемцев] (рус.) // Восток (Oriens). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон (солҳои '''1992'''--'''1997'''), ки байни ҳукумати марказӣ ва Иттиҳоди Оппозиюни Тоҷик ба вуқӯъ пайваст, ба вазъи умумии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ бетаъсир намонд: азбаски аксарияти сокинони исмоилимазҳаби вилоят --- бахусус дар ноҳияҳои Рӯшону Шуғнон --- паноҳгоҳ ва пуштибони қувваҳои мухолифи ҳукумат гардиданд, вилоят яке аз пойгоҳҳои асосии Иттиҳоди Оппозиюн ба шумор мерафт.<ref name="grokipedia-gbao22">[https://grokipedia.com/page/Gorno-Badakhshan Gorno-Badakhshan] (англ.) // Grokipedia. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар манобеи дастраси таърихӣ то кунун таъсири мушаххаси ин ҷанг бар ноҳияи Ванҷ --- ки, тавре дар боло зикр гардид, аз ҷиҳати мазҳабӣ бо аксари ноҳияҳои дигари вилоят фарқ дошта, суннимазҳаб аст --- ба таври алоҳида ва мустанад пажӯҳиш нашудааст. Дар маҷмуъ, ин ҷанг тайи панҷ сол тахминан 50 то 100 ҳазор кушта ва беш аз як миллион гурезаву овораро дар саросари Тоҷикистон ба бор овард, пеш аз он ки '''27 июни соли 1997''' дар Маскав Созишномаи умумӣ доир ба барқарор кардани сулҳ ва ризояти миллӣ миёни Президент Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари Иттиҳоди Оппозиюн Саид Абдулло Нурӣ ба имзо расид.<ref name="factsdetails-war22">[https://factsanddetails.com/central-asia/Tajikistan/sub8_6a/entry-4858.html Tajikistan Civil War] (англ.) // Facts and Details. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="enacademic-war22">[https://en-academic.com/dic.nsf/enwiki/896644 Civil war in Tajikistan] (англ.) // En-Academic. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Осори таърихӣ ==
Дар қаламрави Ванҷ мавзеъ, осор ва ёдгориҳои таърихии бисёр вуҷуд доранд, вале то ҳол таҳқиқоти шоистае дар ин росто анҷом наёфтааст. Тибқи омори соҳаи сайёҳии ВМКБ, дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ ба ҳолати соли 2024 15 ёдгории таърихию фарҳангӣ ба қайд гирифта шудааст.<ref name="ctd-monuments20242">[https://ctd.tj/2024/03/30/%D1%85%D0%B0%D0%B1%D0%B0%D1%80-%D0%B0%D0%B7-%D2%B7%D0%B0%D2%B3%D0%BE%D0%BD-%D0%B0%D0%B7-%D1%82%D0%B0%D0%B1%D0%B8%D0%B0%D1%82-%D0%B1%D0%B0-%D1%81%D0%B0%D0%BD%D1%8A%D0%B0%D1%82%D0%B8-%D0%B8%D0%BD/ Аз табиат ба санъати инсонӣ: 7 муъҷизаи нави ҷаҳонӣ номида шуд] // Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30 марти 2024. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Барои дарки мантиқи ҷойгиршавӣ ва моҳияти ин осор, бояд заминаи таърихию сиёсии ташаккули онҳоро дарк намуд. Бино бар маълумоти таърихномаҳои асримиёнагӣ, дар садаҳои VII--VIII қаламрави кунунии Ванҷ ҷузъи вилояти таърихии '''Кумед''' буд, ки болооби дарёи Вахшро фаро гирифта, сарзамини имрӯзаи ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ва шимоли Бадахшонро дар бар мегирифт.<ref name="tojikiston-tarikh2">[[Таърихи Тоҷикистон]] // Википедиа. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Баъдтар, дар асрҳои миёна, Ванҷу Дарвоз як сарзамини воҳидро ташкил дода, бо номи «Курон» ёд мешуданд, ки маркази он деҳаи кунунии Кеврон будааст.<ref name="vahdat-tarikhi-shahr22">[https://vahdat.tj/22-tarihi-shar.html Таърихи шаҳр] // Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Маҳз дар ин заминаи қадимии сиёсӣ, ки бо мустақилияти нисбии маҳаллӣ ва хатари доимии ҳуҷумҳои беруна тавсиф мешуд, эҳтиёҷ ба бунёди қалъаҳои мустаҳкам ба миён омад.
Қалъаи Ванҷ дар баландии соҳили рости Ванҷоб, дар масофаи 15 км аз резишгоҳи он ба дарёи Панҷ воқеъ гашта буд. Мавқеъияти ин қалъа аз нигоҳи ҳарбию стратегӣ бисёр созгор будааст ва ба муҳофизонаш имкон медодааст, ки муддати тӯлонӣ аз худ дифоъ кунанд. Тавсифи илмии Рохарв ва қалъаи онро ҳанӯз соли '''1916''' узви Ҷамъияти ҷуғрофии Русия Д. И. Мушкетов интишор додааст.<ref name="mushketov2" /> Тибқи мушоҳидаи ӯ, қалъа бевосита дар масири корвонрав ба сӯи ағбаи Гушхон қарор дошт, ки тавассути он роҳи корвонӣ ба водии Язғулом ва аз он ҷо ба самти баландкӯҳҳои Помир мерасид;<ref name="poxod-vanch2">[https://poxod.ru/guidebook/darvaz/p_darvaz_dolinarekivagdm_a.html Долина реки Ванч] // Свободный туризм (poxod.ru). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> баъзе муҳаққиқон бар ин назаранд, ки бо назардошти ин мавқеъ, қалъа шояд дар баробари вазифаи мудофиавӣ, нақши нозироти роҳи корвониро низ адо мекардааст, ҳарчанд ин фарзия то кунун бо санадҳои мустақил тасдиқ нашудааст.
Тавсифи хеле муфассалтар ва бисёр пештара аз ин қалъа — тахминан 13 сол пеш аз мақолаи Мушкетов — ба қалами А. А. Семёнов тааллуқ дорад, ки соли 1898 шахсан аз қалъа дидан кардааст:<blockquote>«Въ низовьи р. Ванджа лежитъ самый значительный кишлакъ долины, Кал'аи-Ванджъ, или Кал'аи-Рохарвъ (крѣпость Ванджа, крѣпость Рохарвъ). Укрѣпленіе въ немъ до сихъ поръ на обрывистомъ берегу довольно хорошо сохранилось. Стѣны крѣпости—мѣстами глинобитныя, мѣстами сложены изъ кирпичей и камней. По бокамъ лицевой стороны крѣпости—двѣ полуразрушенныхъ зубчатыхъ башни.»</blockquote>Тарҷума: «Дар поёноби рӯди Ванҷ бузургтарин кишлоки водӣ ҷойгир аст — Қалъаи Ванҷ, ё Қалъаи Рохарв (қалъаи Ванҷ, қалъаи Рохарв). Истеҳкоми он то ба имрӯз дар соҳили баланди дарё нисбатан хуб нигоҳ дошта шудааст. Деворҳои қалъа ҷо-ҷо гилини, ҷо-ҷо аз хишту санг сохта шудаанд. Аз ду тарафи рӯи қалъа ду манора нимвайрони дандонадор қарор доранд».<ref name="semenov1903-p8">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 8.</ref>
Муҳимтар аз ҳама, Семёнов санаи тахминии бунёди қалъа ва номи бинокори онро сабт кардааст — маълумоте, ки то кунун дар ягон манбаи дигари дастраси мақола наомадааст:<blockquote>«Крѣпость, по преданію, была построена лѣтъ двѣсти тому назадъ дарвазскимъ ханомъ, Азиз-Ханомъ, и, вѣроятно, не разъ служила хорошую службу ея защитникамъ во времена независимаго Дарваза. Теперь въ ней живетъ амлякдаръ (начальникъ округа) долины Вандж.»</blockquote>Тарҷума: «Қалъа, тибқи ривоят, тахминан дусад сол пеш аз ҷониби хони дарвозӣ — Азиз-Хон — бино ёфтааст ва эҳтимол, борҳо ба муҳофизони худ дар давраи истиқлолияти Дарвоз хидмати шоиста кардааст. Ҳоло дар он амлокдор (шоҳ)-и водии Ванҷ зиндагӣ мекунад».<ref name="semenov1903-p9">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 8--9.</ref> Азбаски китоб соли 1903 нашр шуда ва мушоҳидаи муаллиф соли 1898 сурат гирифтааст, ин ривоят санаи бунёди қалъаро тахминан ба солҳои 1698--1700 рабт медиҳад.
Семёнов инчунин ду навиштаи девории қалъаро айнан нусхабардорӣ кардааст: як байти форсӣ дар бораи гардиши бераҳмонаи рӯзгор, ва як ёдгории русии сайёҳони соли 1896 — «Прибылъ разъѣздъ 25 числа августа за старшаго общивкй Яковъ. Черновъ. и джигить Николай Каплун и перевочикъ Ашурбай. 1896 года» (тарҷума: «Гурӯҳи саворагон 25 августи соли 1896 омаданд: сардор Яков Чернов, ҷигит Николай Каплун ва тарҷумон Ашурбой»).<ref name="semenov1903-p9" />
Гумон меравад, ки дар тамоми ҳавзаҳои Бадахшон сукунати одамон ба як давраи таърихӣ мансуб будааст. Ёдгориҳои манзилӣ ва меъмориву мудофеавии асримиёнагии ғарби Бадахшон, ки дар деҳаи Баравни ҷамоати деҳоти Водхуд воқеанд ва аз ҷиҳати амнияти ҳарбӣ бисёр муносибу побарҷоянд, бо камоли таассуф, то кунун таҳқиқи шоиста нашудаанд.
Нақшу нигораҳои рӯйи харсангҳои водии Язғулом, ки дар деҳаҳои Жамаг, Андарбоғ ва Мотравн ба даст омадаанд, агарчи ҳанӯз комилан омӯхта нашудаанд, гувоҳи муътамаде аз ҳузури мардум ва сукунати онон аз замонҳои бостонӣ дар ин минтақа ҳастанд. Дар байни ин сангнигораҳо, ки ба навъи умумии петроглифҳои Помиру Бадахшон шабоҳат доранд, тасвири нахчир (бузи кӯҳӣ бо шохҳои калон), саҳнаҳои шикор бо камон, рамзҳои офтобӣ (солярӣ) ва изи дасту пойи инсон бештар вомехӯранд; дар мифологияи мардумони эронитабор бузи кӯҳӣ рамзи покиву ҳосилхезӣ ва иртибот бо олами боло дониста мешавад.<ref name="ctd-monuments20242" />
Дар қаламрави Ванҷ, ба монанди дигар минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон, сағонаҳо ва дахмаҳои сангии куҳан низ аз насл ба насл боқӣ мондаанд, ки далели ошкори таърихи чандҳазорсолаи ин сарзамин мебошанд. Чунин иншооти дафнӣ, ки дар ҷойҳои махсуси сангӣ, дар баландиҳо ё ғорҳо бунёд меёфтанд, эҳтимолан боқимондаи анъанаҳои дафнии пешазисломӣ мебошанд; тибқи баъзе оинҳои қадими маҳаллӣ (аз ҷумла эътиқодоти наздик ба дини зардуштӣ), ҷасади фавтида набояд бо унсурҳои муқаддаси табиат --- хок, об ё оташ --- тамос мегирифт.<ref name="ctd-monuments20242" /> Ҳарчанд имрӯз тамоми аҳолии ноҳия мусулмони суннии ҳанафимазҳабанд ва расму оини дафни исломиро ба таври қатъӣ риоя мекунанд, мавҷудияти ин сағонаву дахмаҳо аз як давраи гузариши тӯлонии фарҳангӣ ва қабатҳои гуногуни динию эътиқодӣ дар минтақа хабар медиҳад.
Ёдгориҳои бостонии Помири Ғарбӣ, аз ҷумла мавзеъҳои қаламрави Ванҷ, дар силсилаи бунёдии «Харитаи бостоншиносии Тоҷикистон» --- муҷаллади марбут ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки бостоншинос М. А. Бубнова таълиф намудааст ва ёдгориҳои давраи сангро то садаи XX фаро мегирад, --- ба қайд гирифта шудаанд.<ref name="bubnova20082">Бубнова М. А. Горно-Бадахшанская автономная область. Западный Памир (памятники каменного века --- XX в.). --- Душанбе, 2008. --- (Археологическая карта Таджикистана).</ref>
Илова бар ёдгориҳои меъморӣ ва дафнӣ, мероси беназири саноатии Ванҷ --- боқимондаҳои кӯраҳои қадимии оҳангудозӣ (домнитсаҳо) --- низ бахши муҳими осори таърихии ноҳия ба шумор мераванд. Тибқи маълумоти иқтисоддон И. Е. Ходоров, ки соли 1929 таҳлилҳои М. С. Андреевро дар бораи ин ҳунар тасдиқ ва иқтибос овардааст, дар боварҳои мардумии ванҷиён металли ҳосили ин кӯраҳо на танҳо арзиши истеҳсолӣ, балки хосияти шифобахш низ дошт: маҳсули онро «барои табобати ҳар гуна бемориҳо пешбинӣ карда, ба ҷойи дардманд мегузоштанд».<ref name="khodorov-narhoz2" /> Ин боварҳо нишон медиҳанд, ки осори саноатии Ванҷ бо мероси ғайримоддӣ ва эътиқодоти мардумӣ пайванди зич доштааст, ва имрӯз боқимондаҳои ин кӯраҳо, харобаҳои коргоҳҳо ва партовҳои маъданӣ (шлакҳо) дар дараҳои Ванҷ метавонанд ҳамчун мавзеи нодири «бостоншиносии саноатӣ» мавриди пажӯҳиши минбаъда қарор гиранд.
Сарчашмаи аввалини сабти илмии ин ҳунар — 23 сол пеш аз рисолаи Андреев (1926) — низ ба Семёнов тааллуқ дорад:<blockquote>«Богатыя залежи желѣзной руды въ верховьяхъ р. Ванджа даютъ горцамъ Ванджской долины неисчерпаемый матеріалъ для различнаго рода желѣзныхъ издѣлій, которыя удовлетворяютъ самымъ разнообразнымъ требованіямъ домашняго обихода горныхъ таджиковъ и потому расходятся изъ этой огромной кузницы, какова долина Ванджа, по всему Дарвазу, Каратегину и Язгуляну, проникая даже въ отдаленные и трудно достижимые уголки Рошана, Шугнана и Вахана.»</blockquote>Тарҷума: «Захираҳои бойи маъдани оҳан дар болооби рӯди Ванҷ ба кӯҳистониёни водии Ванҷ маводи беохири намудҳои гуногуни маснуоти оҳанӣ медиҳанд, ки эҳтиёҷоти гуногуни рӯзгори тоҷикони кӯҳӣ қонеъ мегардонанд ва аз ин кӯрахонаи азим, яъне водии Ванҷ, ба тамоми Дарвозу Қаротегину Язғулом паҳн мешаванд, ҳатто ба гӯшаҳои дурдасту дастнораси Рӯшону Шуғнону Вахон низ ворид мегарданд».<ref name="semenov1903-p62">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 62.</ref>
Семёнов инчунин номи мушаххаси деҳаеро сабт кардааст, ки дар он раванди коркарди оҳанро шахсан мушоҳида намудааст: «Самый способъ добыванія желѣза намъ пришлось наблюдать во кишлакѣ Сытаргъ, на Ванджѣ» (тарҷума: «Худи усули истихроҷи оҳанро мо тавонистем дар кишлоки Сытарг, дар Ванҷ, мушоҳида кунем»).<ref name="semenov1903-p62" /> Ӯ ҳамчунин тавсифи мубодилаи тиҷоратии маснуоти оҳании Ванҷро бо минтақаҳои ҳамсоя овардааст: «Эти издѣлія находять большой сбыть на рынкахъ Кал'аи-Хума и въ сосѣднихъ долинахъ: Язгуляна и Оби-Хингоу, причемъ продажа на деньги совершается очень рѣдко; обыкновенно вещи мѣняются на тѣ, которыя необходимы таджикамъ Ванджа» (тарҷума: «Ин маснуот дар бозорҳои Қалъаи Хум ва водиҳои ҳамсоя — Язғулому Оби-Ҳингов — фурӯши хубе меёбанд, вале фурӯш ба пул хеле кам сурат мегирад; одатан молҳо ба он чизҳое иваз мешаванд, ки барои тоҷикони Ванҷ зарур аст»).<ref name="semenov1903-p64">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 64.</ref>
== Мардум ==
Аксарияти аҳолии ноҳия тоҷиконанд; инчунин теъдоди ангуштшумори русҳо ва намояндагони халқҳои дигар низ зиндагӣ мекунанд. Аҳолии ноҳия аз рӯи диёнат мусулмони суннии ҳанафимазҳабанд.<ref name="vanchraion2" />
Бар асоси омори саршумории саросарии Иттиҳоди Шӯравӣ аз соли '''1939''', аҳолии Ванҷ 9218 нафар буд: 9031 нафарашон ванҷиёни бумӣ, 134 нафар --- рус, 6 нафар --- тотор, 5 нафар --- узбак ва 1 нафар --- қазоқ.<ref name="demoscope2">[https://www.demoscope.ru/weekly/ssp/ussr_nac_39_ra.php?reg=1166 Всесоюзная перепись населения 1939 года. Национальный состав населения районов, городов и крупных сёл союзных республик СССР: Ванчский район] (рус.) // Демоскоп Weekly. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Бино ба омори соли 1979 аҳолии Ванҷ 15 855 нафар ва тибқи омори 1992 --- 22 700 нафарро ташкил медод. Тибқи маълумоти расмӣ, соли '''2009''' дар ноҳия 30 700 нафар зиндагӣ мекард ва тамоми аҳолии он деҳотист.<ref name="badakhshon-vanj2" /> Тибқи омори соли '''2024''' аҳолии Ванҷ ба 35 400 нафар расид. Бар асоси муқоисаи ин ду омор метавон чунин натиҷагирӣ кард, ки тайи 85 сол суръати миёнаи афзоиши солонаи аҳолии Ванҷ тақрибан 1,6 % будааст. Мардуми водии Язғулом ҳиссаи назарраси аҳолии ноҳияро ташкил медиҳанд.
Азбаски беш аз 90 дарсади масоҳати умумии ноҳия (4430,5 км²)-ро пиряхҳо, қуллаҳои баландкӯҳ ва нишебиҳои санглохи корношоям фаро мегиранд, зичии расмии аҳолӣ (тақрибан 7,7--8 нафар дар як километри мураббаъ) манзараи воқеии ҷойгиршавии аҳолиро пурра инъикос намекунад --- амалан тамоми сокинон дар як рахи танги қад-қади дарёҳои Ванҷобу Язғулом мутамарказ шудаанд.<ref name="badakhshon-vanj2" /> Ин номутаносибии шадид миёни рушди табиии аҳолӣ ва маҳдудияти мутлақи заминҳои корам (соли 2012 ҳамагӣ 1381 гектар, баъдан бо азхудкунии заминҳои нав ба 2601 гектар расида)<ref name="badakhshon-vanj2" /> яке аз сабабҳои асосии муҳоҷирати меҳнатии ноҳия маҳсуб мешавад (ниг. бахши [[Ноҳияи Ванҷ#Муҳоҷирати меҳнатӣ|«Муҳоҷирати меҳнатӣ»]]).
{| class="wikitable" style="text-align:center"
|+Динамикаи шумораи аҳолӣ (ҳазор нафар), 1939--2013
!сол
!1939
!1979
!1992
!1995
!2000
!2002
!2003
!2004
!2005
!2006
!2007
!2008
!2009
!2011
!2012
!2013
|-
|шумора
|9,2
|15,9
|22,7
|28,4<ref name="masov-pirumshoev20112" />
|28,5<ref name="masov-pirumshoev20112" />
|28,3<ref name="masov-pirumshoev20112" />
|29,9<ref name="masov-pirumshoev20112" />
|30,1<ref name="masov-pirumshoev20112" />
|28,8<ref name="masov-pirumshoev20112" />
|30,3<ref name="masov-pirumshoev20112" />
|33,4<ref name="masov-pirumshoev20112" />
|29,7<ref name="masov-pirumshoev20112" />
|30,7<ref name="badakhshon-vanj2" />
|30,8
|31,1
|31,3
|}
{| class="wikitable" style="text-align:center"
|+Динамикаи шумораи аҳолӣ (ҳазор нафар), 2014--2024
!сол
!2014
!2015
!2016
!2017
!2018
!2019
!2020
!2021
!2022
!2023
!2024
|-
|шумора
|31,7
|31,9
|32,4
|32,9
|33,6<ref name="stat20192">Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2019 года. Сообщение Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан (рус.).</ref>
|34,1<ref name="stat20192" />
|34,4<ref name="stat20202">[https://web.archive.org/web/20210601101228/http://stat.ww.tj/posts/July2020/macmua_20201.pdf Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2020 года] (рус.) // Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
|34,1
|34,4
|35,1
|35,4
|}
Барои солҳои 1995--2008 омори мазкур (арзиши «умумӣ», яъне аҳолии доимии сабтшуда) бар асоси таҳлили муфассали демографии Р. Масов ва Ҳ. Пирумшоев дар «Файзи истиқлол дар "Боми ҷаҳон"» (Душанбе, 2011, саҳ. 362--363) илова карда шуд. Барои солҳои 1992 ва 2009 бошад, бо мақсади нигоҳ доштани пайдарпаии рақамҳои аллакай сабтшуда аз сомонаи расмии badakhshon.tj, арзиши аслии қаблӣ боқӣ монд.
=== Фарҳанги моддӣ: либоси анъанавӣ ===
Дар шароити сарди кӯҳистони Ванҷу Бадахшон, дар гузашта истифодаи матоъҳои пашмину чармӣ бартарӣ дошт ва мероси бофандагии маҳаллӣ ба истеҳсоли матоъҳои худӣ бо рангҳои табиии гиёҳии кӯҳӣ асос меёфт.<ref name="sherdilova-diss2">[https://www.ddzt.tj/images/2022/10/diss%20sherdilova.pdf Таҳқиқоти этнолингвистии лексикаи гӯйиши тоҷикони водии Ғорон] // Диссертатсия. Санҷида шуд 24 июли 2026.</ref> Либоси занонаи суннатӣ асосан аз курта, эзор, пойафзол, сарбанд ва ороишоти гуногун иборат буд; таърихан ду намуди курта маъмул буд --- куртаи якқади камартангу доманвасеъ, ки пиразанон мепӯшиданд, ва куртаҳои камзулчадор бо гиребони буғак (уфуқӣ буридашуда бо зеҳгулу гулдӯзӣ), ки духтарону арӯсон ба бар мекарданд.<ref name="unesco-libos2">[[Либоси миллии тоҷикон]] // Википедиа. Санҷида шуд 24 июли 2026.</ref> Дар минтақаи Бадахшон, аз ҷумла Ванҷу Язғулом, унсурҳои хоси либоси кӯҳистонӣ --- тоқии мудаввар бо нақшҳои гулдӯзии дақику пӯпак ва ҷӯробҳои ғафси пашмин бо нақшҳои ҳандасии бисёрранг (нақши офтоб, шохи қӯчқор, чалипо ва ғайра) --- то имрӯз аҳамияти худро гум накардаанд.<ref name="unesco-libos2" />
=== Фарҳанги моддӣ: манзил ва хоҷагии деҳот (тибқи маълумоти асри XIX) ===
Тавсифи қадимтарини хусусиятҳои хоси манзилу хоҷагии Ванҷ ба А. А. Семёнов (1898) тааллуқ дорад. Ӯ анборчаҳои хоси болои сутунро ба қайд гирифтааст: «На Ванджѣ и мѣстами по Пянджу встрѣчаются подъ хижинъ еще небольшіе, съ плоскими крышами, амбарчики (амбаръ) для хлѣба и разнаго скарба... они воткнуты надъ землею на четырехъ (подъ углами) камняхъ или столбахъ» (тарҷума: «Дар Ванҷ ва ҷо-ҷо дар Панҷ, наздики хонаҳо анборчаҳои хурди боми ҳамвор (амбор) барои нону дигар молу ашё вомехӯранд... онҳо болои замин, бар чор санг ё сутуни канҷакӣ гузошта шудаанд»).<ref name="semenov1903-p34">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 34.</ref>
Дар бораи нақшу нигори деворҳои хонаҳои Ванҷ низ маълумот овардааст: «По Сурхобу и Хингобу, Ванджу и Пянджу на стѣнахъ многихъ хижинъ попадаются и орнаменты въ видѣ пятенъ, различныхъ безпорядочныхъ линій или же въ видѣ дѣтски намалеванныхъ фантастическихъ деревьевъ» (тарҷума: «Дар канори Сурхобу Ҳингов, Ванҷу Панҷ дар деворҳои бисёр хонаҳо нақшу нигор ба шакли доғ, хатҳои бетартиби гуногун ё дарахтони хаёлии кӯдакона кашидашуда вомехӯранд»).<ref name="semenov1903-p36">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 36.</ref>
Хонаи тобистонаи хоси Ванҷ («чолеб») низ дар ин асар қайд шудааст: «По Ванджу и отчасти на Пянджу, кромѣ описанныхъ зимнихъ помѣщеній, встрѣчаются еще спеціальныя лѣтнія жилища (чолѣбъ), чего нѣтъ нигдѣ въ прочихъ мѣстахъ» (тарҷума: «Дар Ванҷ ва қисман дар Панҷ, ба ғайр аз хонаҳои зимистонаи тавсифшуда, боз хонаҳои махсуси тобистона (чолеб) вомехӯранд, ки дар ҷойҳои дигар вуҷуд надоранд»).<ref name="semenov1903-p44">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 44.</ref>
Ниҳоят, Семёнов камбизоатии заминҳои Ванҷ ва такягоҳи мардум ба дарахти туг (мевадиҳандаи табиӣ)-ро тавсиф кардааст: «Мѣстами, какъ, напримѣръ, на Вахіо, на Ванджѣ и въ Дарвазъ по Пянджу, гдѣ природа бѣдна и преобладаетъ каменистая почва... существованіе населенія находится въ тѣсной зависимости отъ туга» (тарҷума: «Дар баъзе ҷойҳо, масалан дар Ваҳё, дар Ванҷ ва дар Дарвози канори Панҷ, ки табиат камбизоату хоки санглох бартарӣ дорад... мавҷудияти аҳолӣ ба туг вобастагии зич дорад»).<ref name="semenov1903-p56">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 56.</ref>
Дар ҳамин китоб, ду намунаи фолклори мардуми Ванҷ низ бори аввал сабт гардидаанд: масали «Инсон ва Мор» ва ҳикояи «Писари вазир», ки ҳарду аз забони як шахси мушаххас — Сохибназар аз деҳаи Техарви болооби Ванҷ — навишта шудаанд: «Записано со словъ Сохиб-Назара, изъ кишлака Техарвъ, въ верховьяхъ р. Ванджа въ Дарвазѣ» (тарҷума: «Аз забони Сохибназар, аз кишлоки Техарв, аз болооби рӯди Ванҷ дар Дарвоз, сабт шудааст»).<ref name="semenov1903-p99">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 99--100.</ref>
=== Расму оинҳои мотамӣ ===
Маросимҳои марбут ба давраҳои муҳими зиндагии инсон, аз ҷумла маросими мотаму дафн, дар Ванҷу Язғулом хусусиятҳои бениҳоят куҳан ва омехта аз эътиқодоти пешазисломию исломӣ (синкретӣ) то ба имрӯз нигоҳ доштаанд; ин расмҳо аз ҷониби мардумшиносони барҷаста, аз ҷумла М. С. Андреев, И. Л. Моногарова ва А. З. Розенфелд, мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд.<ref name="rasmu-oin-khovar2">[https://khovar.tj/2017/09/rasmu-oin-va-anana-o-dar-ruzgori-mardumi-to-ik-mav-ei-mu-im-dorand/ Расму оин ва анъанаҳо дар рӯзгори мардуми тоҷик мавқеи муҳим доранд] // АМИТ «Ховар», сентябри 2017. Санҷида шуд 24 июли 2026.</ref> Дар ҷаҳонбинии мардуми кӯҳистон марг на анҷоми мутлақ, балки гузариш ба дунёи дигар ва оғози сафари нави рӯҳ дониста мешавад. Аз ҷумла, агар марҳум ҷавон бошад, барои гусели ӯ тобути махсусе бо матоъҳои равшану рангоранг (на сиёҳ) омода мекунанд, ки бо номи «гаҳвораи ноз» маъруф аст --- ташбеҳи мустақими марг бо таваллуди дубора дар олами дигар, ки Розенфелд онро расми хеле куҳан ва боқимонда аз тасаввуроти бостонии мардуми ориёӣ арзёбӣ кардааст.<ref name="rasmu-oin-khovar2" />
=== Айлоқравӣ ва расму оинҳои кишоварзӣ ===
Иқтисодиёти суннатии мардуми Ванҷ ба ду унсури ба ҳам вобаста --- кишоварзӣ дар водиҳои танги поёнӣ ва чорводорӣ дар чарогоҳҳои баландкӯҳӣ --- такя мекунад. Ҳар сол дар аввали тобистон, вақте ки заминҳои поёнӣ барои кишти ғалла, картошка ва сабзавот истифода мешаванд, раванди муҳоҷирати мавсимии подаи чорво ба чарогоҳҳои тобистонаи баландкӯҳ, ки бо номи «айлоқ» маъруф аст, оғоз мегардад.<ref name="rasmu-oin-khovar2" /> Хусусияти ҷолиби ин кӯчиш дар он аст, ки қариб тамоми аҳли деҳа, бахусус занону кӯдакон, дар як рӯзи муайяншуда дастаҷамъӣ ба айлоқ мераванд, дар ҳоле ки қисме аз мардон дар деҳа мемонанд, то корҳои саҳроӣ ва обёрии заминро анҷом диҳанд.
Дар айлоқҳо занон тамоми тобистон машғули ҷӯшидани шир, тайёр кардани маска, равғани зард, дӯғу мосту тарфу ва қурут мешаванд.<ref name="rasmu-oin-khovar2" />
== Забон ==
Мардуми Ванҷ бо гӯиши ванҷии забони тоҷикӣ сухан мегӯянд. Дар водии Язғулом бошад, яке аз [[забонҳои помирӣ]] --- [[забони язғуломӣ]] роиҷ аст.
Лаҳҷаи ванҷии забони тоҷикӣ дар водии Ванҷ аз нимаи дуюми асри XIX густариш ёфта, забони бумии помириро, ки бо номи ванҷӣ маъруф буд, дар поёни ҳамин аср аз байн бурд. Забони ванҷӣ наздиктарин хеши забони язғуломӣ буда, ба гурӯҳи «шимолии» забонҳои помирӣ дар қатори язғуломӣ ва (эҳтимолан) саргуломӣ дохил мешуд. Мутахассисон аз байн рафтани онро ба охири асри XIX нисбат медиҳанд; мардумшиносон дар ибтидои асри XX аз ин забон танҳо чанд даҳ вожаро сабт карда тавонистаанд.<ref name="pamirlang22">[https://tapemark.narod.ru/les/363a.html Памирские языки] (рус.) // Лингвистический энциклопедический словарь. --- М.: Советская энциклопедия, 1990.</ref><ref name="bre-pamir22">[https://old.bigenc.ru/linguistics/text/2701306 Памирские языки] (рус.) // Большая российская энциклопедия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Лаҳҷаҳои ванҷии забони тоҷикӣ мавзӯи таҳқиқи бунёдии эроншиноси рус А. З. Розенфелд гардидаанд, ки соли '''1964''' дар Ленинград монографияи махсуси «Ванджские говоры таджикского языка»-ро дар ҳаҷми 151 саҳифа ба табъ расонидааст.<ref name="rozenfeld196422">Розенфельд А. З. Ванджские говоры таджикского языка / ЛГУ им. А. А. Жданова. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- 151 с.</ref> Дар гуфтугӯи мардуми Ванҷ ҷӯйборҳои лозурӣ, ки деҳаҳо дар канораи онҳо бино ёфтаанд, «даргов» номида мешаванд; ба ақидаи Ҳ. Пирумшоев, ин вожа гунаи тағйирёфтаи ибораи «даргоҳи об» аст.<ref name="pirumshoev-web2" />
Бархе донишмандони рус, монанди И. И. Зарубин, А. З. Розенфелд ва дигарон, назарияеро дар бораи вуҷуди куҳанзабони ванҷӣ (русӣ: старованджский язык) ироя кардаанд, ки тибқи он ин забон тақрибан дусад сол пеш аз байн рафта, гӯиши кунунии ванҷӣ ҷойгузинаш шудааст. И. И. Зарубин дар ин маврид мегӯяд:
Забони куҳнаи ванҷӣ дар водии Ванҷ (шохоби рости Панҷ) ва саргуломӣ дар болооби дарёи Саргулом, дар шарқи вилояти Файзободи Афғонистон ривоҷ дошт. Тақрибан дусад сол пеш лаҳҷаҳои тоҷикӣ ҷои онҳоро гирифтанд.
Забони язғуломӣ, ки дар шаш деҳаи ҷамоати Язғулом ба кор меравад, забони бехат аст ва шумораи гӯяндагонаш тақрибан 3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад; аксари язғуломиён дузабонаанд ва забони тоҷикиро низ медонанд.<ref name="yazgulyam-les22">[http://tapemark.narod.ru/les/604b.html Язгулямский язык] (рус.) // Лингвистический энциклопедический словарь. --- М.: Советская энциклопедия, 1990.</ref><ref name="bre-yazg22">[https://old.bigenc.ru/linguistics/text/4924529 Язгулямский язык] (рус.) // Большая российская энциклопедия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Таҳқиқи бунёдии ин забон ба қалами эроншиноси маъруф Д. И. Эделман тааллуқ дорад, ки соли '''1966''' дар Маскав монографияи «Забони язғуломӣ»-ро ба табъ расонидааст.<ref name="edelman22">Эдельман Д. И. Язгулямский язык. --- М.: Наука, 1966.</ref> Пас аз муҳоҷирати соли '''1954''' бахше аз язғуломизабонон дар ноҳияи Куйбишеви водии Вахш низ сокин шуданд ва забони язғуломӣ то кунун дар он ҷо низ ба кор меравад.<ref name="fieldling2" />
Дар «Атласи забонҳои дар хатар қарордоштаи ҷаҳон»-и ЮНЕСКО (таҳти таҳрири Кристофер Мозли, соли 2010), забони язғуломӣ ба зумраи забонҳои осебпазир (Vulnerable) дохил гардидааст.<ref name="unesco-atlas2">Moseley Chr. (ed.) Atlas of the World\'s Languages in Danger. --- 3rd ed. --- Paris: UNESCO Publishing, 2010.</ref> Тибқи ҳамин Атлас, аз 15 забони дар хатар қарордоштаи Осиёи Марказӣ, 11-тояш дар Тоҷикистон, бештараш дар ҳудуди ВМКБ, роиҷ аст.<ref name="ap-unesco20172">[https://old.asiaplustj.info/en/news/tajikistan/society/20170629/unesco-publishes-atlas-of-the-worlds-languages-in-danger UNESCO publishes atlas of the world\'s languages in danger] (англ.) // Тоҷикистон Ньюз Азия-Плюс, 29 июни 2017. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Пажӯҳиши ҷомеашиносии забонии Д. Пол, Э. Аббесс, К. Мюллер, К. Тиссен ва Г. Тиссен нишон медиҳад, ки муносибати сокинони водии Язғулом ба ҳарду забон --- язғуломӣ ва тоҷикӣ --- мусбат аст: забони модарӣ дар зиндагии рӯзмарра пурқувват боқӣ монда, ҳеҷ нишонае аз ҷойивазкунии он бо забони тоҷикӣ мушоҳида намешавад, ҳарчанд забони тоҷикиро низ дар баъзе ҳавзаҳо муфид медонанд.<ref name="paul20102">Paul D., Abbess E., Müller K., Tiessen C., Tiessen G. Language Access and Tajik Language Proficiency among the Yazghulami of Tajikistan. --- SIL International, 2010.</ref> Дар пойгоҳи байналмилалии таснифи забонҳо «Глоттолог» забони куҳани ванҷӣ бо рамзи «oldw1238» ва забони язғуломӣ бо рамзи «yazg1240» сабт шудаанд.<ref name="glottolog2">Glottolog 5.0, коди «oldw1238» (забони куҳани ванҷӣ) ва «yazg1240» (забони язғуломӣ).</ref>
== Бахшбандӣ ==
Бар асоси Қонуни тақсимоти маъмурию ҳудудии кишвар, ноҳияи Ванҷ аз 1 шаҳрак (Ванҷ) ва 6 [[ҷамоат]] иборат аст:<ref name="fehrist22">Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. --- Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013. --- 332 с.</ref>
{| class="wikitable"
|+Ҷамоатҳои ноҳияи Ванҷ
!Ҷамоат
!Аҳолӣ (нафар)
!Деҳаҳо
|-
|ба номи Маҳмадулло Абдуллоев
|10 983
|Бичхарв, Бодалд, Ускроғ, Роғ, Дашти Роғ, Панҷшанбеобод, Убари Даргов, Рохарв, Гушхун, Ғумаяк, Бовуд, Одешт, Ҷангали Зуго
|-
|Водхуд
|2178
|Пшихарв, Даштак, Лугад, Бунига, Узбай, Лахш, Баравн, Баравни Таг, Баравни Тор, Ваҳдат, Вравз
|-
|Ҷовидон
|4201
|Бунай, Рав, Жовуд, Потов, Арнавад, Убго
|-
|Рованд
|5573
|Ширговад, Ғиҷоваст, Мудеҳарв, Вишхарвак, Старғ, Ғӯмас, Мурғутга, Рованд, Гармчашма, Ван-Ван, Сунгад, Поймазор
|-
|Техарв
|3401
|Гич, Садвадг, Сед, Шаврӯ, Техарв, Чихох, Удоб, Равгада
|-
|Язғулом
|6065
|Мотравн, Вишхарв, Будун, Шавуд, Андарбоғ, Жамаг
|}
Дар санадҳои расмии солҳои охир ҷамоати марказии ноҳия бо номи «деҳоти Маҳмадулло Абдуллоев» зикр мегардад.<ref name="khovar-ubari22" />
== Хоҷагидорӣ ==
Соҳаҳои асосии хоҷагидории ноҳия ғаллакорӣ, чорводорӣ, боғдорӣ ва сабзавоткорист; дар замони шӯравӣ тамокукорӣ низ соҳаи асосӣ буд. Соли '''1939''' дар тамоми ВМКБ 123 колхоз мавҷуд буд, аз ҷумла дар Ванҷ 30 колхоз таъсис дода буданд.
Водии Водхуд аз қадим бо ҳосилхезии замин ва фаровонии тути худ ном баровардааст: захираи ғалла ва меваи хушки ин мавзеъ (тут, зардолу, себ) на танҳо сокинони маҳаллӣ, балки деҳоти камзамини ҳамсояро низ аз танқисӣ мераҳонд ва ибораи мардумии «тути Водхуд пухт, имсол ҳам ҷон ба саломат бурдем» аз ҳамин воқеият бармеояд.<ref name="pirumshoev-web2" />
Дар ноҳия 53 хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд аст. Майдони умумии заминҳои хоҷагӣ 14 417 гектар аст, аз ҷумла заминҳои корам --- 1381 гектар (2012), чарогоҳҳо --- 1219 гектар, боғҳо --- 734 гектар. Тибқи омори соли '''2012''' дар ноҳияи Ванҷ 2478 тонна ғалла, 1924 тонна гӯшт, 1 млн дона тухм, 3742 тонна шир, 157 тонна чормағз, 6353 тонна сабзавот ва 11 295 тонна картошка ба даст омад. Бар асоси омори соли '''2011''', шумораи чорво дар хоҷагиҳо чунин буд: гов --- 15 234 сар, гӯсфанду буз --- 32 498 сар.
Дар давоми даҳсолаи охир сохтори хоҷагидории ноҳия ба таври куллӣ дигаргун шуд: ба ҷои 53 хоҷагии деҳқонии соли 2012, имрӯз 14 ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ 120 хоҷагии инфиродиро бо фарогирии 3217 саҳмдор муттаҳид месозад.<ref name="jumhuriyat-kishovarzi2">[https://jumhuriyat.tj/6928-van-rushdi-soai-kishovarz-dar-noija.html Ванҷ. Рушди соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия] // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Майдони умумии заминҳои корам ба 2601 гектар расидааст, ки аз он бештар аз 1080 гектарро боғҳои мевадиҳанда ташкил медиҳанд; танҳо дар бист соли охир 282 гектар замини нав аз худ карда шудааст.<ref name="khovar-boghparvari20252">[https://khovar.tj/2025/11/dar-no-iyai-van-so-ai-bo-parvar-rushd-meyobad/ Дар ноҳияи Ванҷ соҳаи боғпарварӣ рушд меёбад] // АМИТ «Ховар», 18 ноябри 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Тибқи таҳлилҳои муқоисавӣ, дар зарфи се даҳсолаи охир истеҳсоли ғалладонагиҳо тақрибан 6 баробар, картошка 8 баробар, сабзавот 16 баробар ва мева 42 баробар афзудааст.<ref name="jumhuriyat-jashniistiqlol2">[https://jumhuriyat.tj/print:page,1,1536-van-ashni-istilol-mondagor-hoad-bud.html Ванҷ. Ҷашни истиқлол мондагор хоҳад буд] // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Танҳо то охири моҳи октябри соли 2025 аз боғоти ноҳия 2205 тонна меваи тару тозаву хушк ба бозорҳои хориҷӣ ва шаҳрҳои калони ҷумҳурӣ содирот гардид,<ref name="khovar-boghparvari20252" /> ва моҳи августи соли 2023 кишоварзони ноҳия дар ярмаркаи Боғи «Куруши Кабир»-и Душанбе зиёда аз 13 тонна маҳсулоти тару тоза ба сокинони пойтахт пешниҳод карданд.<ref name="khovar-namoishfurushi2">[https://khovar.tj/2023/08/namoish-fur-shi-ma-suloti-kishovarz-az-onibi-kishovarzoni-no-iyai-van-ma-suloti-mavridi-niyozi-avval-ba-sokinoni-dushanbe-peshni-od-gardid/ Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби кишоварзони ноҳияи Ванҷ] // АМИТ «Ховар», августи 2023. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Аз соли '''2009''', вақте ки дар ноҳия аввалин ду гармхонаи намунавӣ ба кор дароварда шуданд,<ref name="khovar-garmhona20092">[https://khovar.tj/2009/08/dar-van-1206-garmhona-1202-o-ba-kor-daromadand/ Дар Ванҷ гармхонаҳо ба кор даромаданд] // АМИТ «Ховар», августи 2009. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> технологияи гармхонагӣ дар қисматҳои поёнии ноҳия паҳн шудааст. Дар давраи охир, дар ҳамкорӣ бо мутахассисони минтақаи илмӣ-таҷрибавии «Ҷангали Зуго»-и Институти биологии Помир, соҳибкор Ҳайдар Фаёзов аз деҳаи Гишхун дар ноҳия парвариши озмоишии лимӯ ва дигар меваҳои ситрусиро оғоз кард --- навъе, ки то ҳол дар ВМКБ танҳо хоси баъзе минтақаҳои ноҳияи Дарвоз буд.<ref name="jumhuriyat-limu2">[https://jumhuriyat.tj/print:page,1,3033-van-avlavijat-ba-rushdi-limparvar.html Ванҷ. Авлавият ба рушди лимӯпарварӣ] // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Чорводорӣ ва занбӯриасалпарварӣ ===
Дар муқоиса бо давраи пеш аз истиқлол, дар ноҳия саршумори чорвои калону майда дар маҷмуъ 2 баробар, истеҳсоли гӯшт 4 баробар ва истеҳсоли тухм 31 баробар афзудааст.<ref name="jumhuriyat-jashniistiqlol2" /> Тибқи омори соли 2023, саршумори чорвои калони шохдор ба 17 135 сар (нисбат ба 15 234 сар дар соли 2011) ва моли майда (гӯсфанду буз) ба 41 000 сар (нисбат ба 32 498 сар) расидааст; ҳамчунин дар хоҷагиҳои ноҳия 41 350 сари парранда ва 1082 оилаи занбӯри асал ба қайд гирифта шудааст.<ref name="jumhuriyat-jashniistiqlol2" /><ref name="jumhuriyat-kishovarzi2" /> Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди занбӯриасалпарвариро яке аз воситаҳои пасткунандаи камбизоатӣ ва таъминкунандаи шуғли деҳот муайян кардааст.
Сарватҳои зеризаминии ноҳия: пахтасанги кӯҳӣ (асбест), молибден, мармар ва ғайра; инчунин конҳои никел, оҳансанг ва оҳак мавҷуданд.
=== Муҳоҷирати меҳнатӣ ===
Мисли аксари минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон, иқтисодиёти хонаводаҳои Ванҷ ба таври назаррас аз муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳаволапулиҳо вобаста аст. Тибқи арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ аз моҳи ноябри соли '''2025''', ҳаволапулиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ беш аз 30 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд ва, гарчанде вобастагӣ ба ин маблағҳо сатҳи камбизоатиро коҳиш додааст, нобаробарии даромад (нишондиҳандаи Гини) аз 32 то 38 дар байни солҳои 2021 ва 2023 афзудааст; ВМКБ дар қатори минтақаҳое зикр шудааст, ки бо маҳдудиятҳои шадиди ҷуғрофиву иқлимӣ рӯбарӯянд.<ref name="wb2025poverty2">[https://www.worldbank.org/en/country/tajikistan/publication/poverty-and-equity-assessment Tajikistan Poverty and Equity Assessment] (англ.) // Бонки Ҷаҳонӣ, ноябри 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Пажӯҳиши умумимиллии соҳаи тандурустӣ доир ба муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон нишон додааст, ки дар байни панҷ минтақаи кишвар (Душанбе, ВМКБ, Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ), ҳиссаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар аҳолии ВМКБ (49,59 фоиз аз намунаи пажӯҳишӣ) назар ба дигар минтақаҳо (камтар аз 32 фоиз) хеле баландтар будааст.<ref name="hiv-migrants2">[https://www.ncbi.nlm.nih.gov/pmc/articles/PMC11679146/ Inclusion of Labor Migrants as a Potential Key Population for HIV: A Nationwide Study from Tajikistan] (англ.) // PMC/NCBI. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар маҷмуи умумимиллӣ, беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон ҳарсола барои кор ба Русия мераванд; ҳаволапулиҳо дар соли 2013 қариб нисфи маҷмуи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медоданд, ки то соли 2018 ба тақрибан 30 фоиз (2,2 миллиард доллари ИМА) коҳиш ёфт.<ref name="mpi20222">[https://www.migrationpolicy.org/article/dependent-remittances-tajikistan-prospects-dim-economic-growth Dependent on Remittances, Tajikistan\'s Long-Term Prospects for Economic Growth and Poverty Reduction Remain Dim] (англ.) // Migration Policy Institute. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Саноат ===
Дар ноҳия корхонаҳои хурди саноатӣ --- сехи чӯҷабарорӣ, заводи хишти «Лугад», ҶДММ «Хрустал» --- фаъолият доранд. Дар Ванҷ бозорҳои марказӣ ва марзӣ низ амал мекунанд.
'''25 июни соли 2025''' дар ноҳия корхонаи истеҳсоли калсит, коркарди мармар ва сангҳои ороишии ҶСК «Мармар Стоун» ба кор шурӯъ кард, ки иқтидори солонаи он 40 ҳазор тонна маҳсулот буда, 40 сокини маҳаллиро бо ҷои кори доимӣ таъмин намудааст. Корхона чор хатти истеҳсолӣ дорад ва дар он беш аз 20 навъи санги табиӣ коркард мешавад; иқтидори истеҳсоли тахтасангҳои ороишӣ (мозаика) 10 ҳазор м³ ва коркарди санги мармар 160 ҳазор м³ дар як солро ташкил медиҳад.<ref name="ap20252">[https://asiaplus.news/tg/2025/06/25/safari-emomal%d3%a3-ra%d2%b3mon-ba-vmkb-az-van%d2%b7-o%d2%93oz-shud-prezident-dar-in-no%d2%b3iya-kadom-inshootro-ba-istifoda-dod/ Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ аз Ванҷ оғоз шуд. Президент дар ин ноҳия кадом иншоотро ба истифода дод?] // Asia-Plus, 25 июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="pt5127222">[https://prezident.tj/event/news/51272 Ифтитоҳи корхонаҳои истеҳсоли калсит, коркарди мармар ва сангҳои ороишии ҶСК «Мармар Стоун» дар ноҳияи Ванҷ] // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
Дар ҳамон рӯз Парки саноатии ноҳия мавриди истифода қарор гирифт, ки дар масоҳати 788 м² ҷойгир буда, 6 корхонаи хурди истеҳсолиро фаро мегирад: истеҳсоли макарон, бандубасти маҳсулоти лӯбиёгӣ, коркарди равғани чормағз, коркард ва бандубасти меваи хушк, истеҳсоли собун ва дару тирезаҳои пластикӣ. Фаъолияти парк дар маҷмуъ 36 сокини маҳаллиро бо кор таъмин мекунад.<ref name="ap20252" /><ref name="pt5128422">[https://prezident.tj/event/news/51284 Ифтитоҳи Парки саноатии ноҳияи Ванҷ] // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
Дар доираи ҳамин парк, инчунин корхонаи коркарди равғани ангат (Hippophae rhamnoides) --- растании шифобахши худрӯй, ки дар қад-қади дарёҳои ноҳия фаровон мерӯяд --- ба кор шурӯъ кардааст; иқтидори он то 500 килограмм равғани холис дар як сол буда, аз ин ашё то 12 навъи маҳсулоти фармасевтию косметологӣ омода карда мешавад.<ref name="ctd-marmarstone2">[https://ctd.tj/2025/06/25/%D0%BF%D1%80%D0%B5%D0%B7%D0%B8%D0%B4%D0%B5%D0%BD%D1%82%D0%B8-%D2%B7%D1%83%D0%BC%D2%B3%D1%83%D1%80%D0%B8%D0%B8-%D1%82%D0%BE%D2%B7%D0%B8%D0%BA%D0%B8%D1%81%D1%82%D0%BE%D0%BD-%D1%8D%D0%BC%D0%BE%D0%BC-95/ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ] // Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ, июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Пеш аз таъсиси ин корхона, дар деҳаи Ғуҷоваст соҳибкорзан Васила Ғафурова коргоҳи хурди коркарди ангатро таъсис дода буд, ки маводи он берун аз ноҳия низ харидор пайдо кардааст.<ref name="ap20252" /> Барои дастгирии соҳибкории хурду миёна дар солҳои 2018--2019 ба соҳибкорони ноҳия зиёда аз 6,5 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шудааст.<ref name="president-domestic167392">[https://www.president.tj/event/domestic_trips/16739 Сафарҳои дохилӣ] // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Энергетика ===
Дар Ванҷ чандин неругоҳи хурди барқи обӣ (НБО) фаъолият мекунад. Аз ҷумла, НБО-и «Техарв» дар дарёи Ванҷ бо иқтидори 400 кВт таҷдид гардида, ба шабакаи ягонаи барқи кишвар пайваст карда шудааст; НБО-и «Андарбак» дар водии Язғулом ба шабакаи ширкати «Помир Энерҷӣ» пайваст аст.<ref name="techarv22">[http://www.cawater-info.net/best-practices/ru/base/marker/21 Реконструкция МГЭС Техарв на реке Ванч мощностью 400 кВт в Ванчском районе Горно-Бадахшанской автономной области] (рус.) // CAWater-Info. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Таҳлилҳои соли 2021 нишон дода буданд, ки шабакаҳои барқии ноҳия ҳамагӣ 2,6 мегаватт барқ истеҳсол мекунанд, дар ҳоле ки барои фаъолияти пуриқтидори корхонаҳои нави саноати кӯҳӣ (ба мисли «Мармар Стоун») беш аз 5,6 мегаватт лозим буд.<ref name="khovar-3108122">[https://khovar.tj/2021/07/310812/ Имсол дар Ванҷ дар 15 гектар боғи нав бунёд карда шуд] // АМИТ «Ховар», июли 2021. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Моҳи '''июни соли 2025''' хатти интиқоли барқи дузанҷираи 35 ва 110-киловолтаи Хоруғ--Рӯшон бо дарозии 67,5 км ва зеристгоҳи «Ҷангал» ба маблағи умумии 114 миллион сомонӣ ба истифода дода шуд, ки интиқоли муназзами неруи барқро ба ноҳияҳои Рӯшон, Ванҷ ва Дарвоз ба маротиб беҳтар мегардонад; ҳамзамон сохтмони хатти 42-километраи интиқоли барқи 110-киловолта аз маркази ноҳияи Рӯшон то зеристгоҳи «Вознавд» оғоз ёфт, ки ба истифода додани он дар нимсолаи аввали соли 2026 пешбинӣ шудааст.<ref name="khovar-speech202522">[https://khovar.tj/2025/06/suhanronii-prezidenti-um-urii-to-ikiston-peshvoi-millat-emomal-ra-mon-dar-mulo-ot-bo-ro-baron-va-faoloni-viloyati-muhtori-k-istoni-badahshon/ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон] // АМИТ «Ховар», июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Нақлиёт ===
Нақлиёти ноҳия асосан автомобилист; як фурудгоҳи хурд ҳам дар шаҳраки Ванҷ (Рохарв) вуҷуд дорад. Қаламрави ғарбии ноҳия дар масири шоҳроҳи байналмилалии Душанбе--Кӯлоб--Дарвоз--Хоруғ--Мурғоб--Қулма қарор дорад; лоиҳаи таъмиру таҷдиди қитъаи ин шоҳроҳ аз Қалъаихумб то Ванҷ ва сарҳади ноҳияи Рӯшон арзиши умумии 2,5 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки то имрӯз корҳо ба маблағи 900 миллион сомонӣ анҷом ёфтаанд.<ref name="president-node236002">[https://president.tj/node/23600 Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ванҷ] // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> '''25''' июни соли 2025 '''роҳи мошингарди маркази ноҳия то нуқтаи пайвастшавӣ ба''' ин шоҳроҳ, иборат аз ду хатти ҳаракат бо дарозии умумии 16 км, пас аз таҷдид ба истифода дода шуд; дар дарозои роҳ истгоҳҳои нақлиётӣ ва гузаргоҳҳо барои пиёдагардон бунёд гардидаанд.<ref name="ap20252" /><ref name="pt5126822">[https://prezident.tj/event/news/51268 Ифтитоҳи роҳи маркази ноҳияи Ванҷ то нуқтаи пайвастшавӣ ба шоҳроҳи Душанбе--Кулма] // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
'''23 июни соли 2025''' ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» пас аз ёздаҳ соли танаффус (парвози охирин соли '''2014''' сурат гирифта буд) хатсайри ҳавоии Душанбе--Ванҷ--Душанберо аз нав кушод: парвози нахустин бо 15 мусофир анҷом ёфт. Парвоз дар ин масир 50 дақиқа тӯл кашида, тибқи ҷадвал ҳафтае як маротиба, рӯзҳои ҷумъа, бо ҳавопаймои Ан-28 иҷро мешавад ва нархи чипта дар як самт 750 сомонӣ муайян гардидааст.<ref name="ap-flight-start22">[https://asiaplustj.info/tj/node/350087 Оғози парвози ҳавопаймоӣ миёни Душанбе ва Ванҷ. Аввалин парвоз кай ва нархи чипта чанд аст?] // Asia-Plus, июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="ap-flight-first22">[https://asiaplustj.info/tj/node/350121 Пас аз 11 сол. Аввалин парвози ҳавопаймо дар масири Душанбе-Ванҷ-Душанбе анҷом ёфт] // Asia-Plus, 23 июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» (қабулшуда '''28 июни соли 2024'''), '''24''' феврали соли 2026 '''дар шафати роҳҳои мошингарди ноҳияи Ванҷ беш аз 2000''' бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва сояафкану мевадиҳанда шинонида шуд.<ref name="khovar-trees20262">[https://khovar.tj/2026/02/daraht-binshon-dar-shafati-ro-oi-moshingardi-van-besh-az-2000-beh-ni-ol-shinonida-shud/ ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳҳои мошингарди Ванҷ беш аз 2000 бех ниҳол шинонида шуд] // АМИТ «Ховар», 24 феврали 2026. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Фарҳангу маориф ==
Пеш аз инқилоб аҳолии маҳаллии Ванҷ дар масҷидҳо ва хонаҳои муллоён хатту савод меомӯхтанд ва на ҳама ақшори мардум фурсат ва имкони саводомӯзӣ доштанд. Аз ин рӯ нисбати саводнокӣ дар миёни онҳо хеле паст буд ва ба сахтӣ метавонист ба 3--10 % бирасад. Саводомӯзии саросарии аҳолиро ҳукумати шӯравӣ ба роҳ монд.
Соли '''1926''' нахустин мактаб дар минтақа фаъолияти худро оғоз намуд: дар он танҳо 1 муаллим --- Одил Боқиев (аз деҳаи Чихох) кор мекард ва 25 талаба дар он ҷо дарс меомӯхтанд. Соли 1930 шумораи муаллимон ба 7 нафар расид. Дар авохири даҳаи 30-юми асри XX тақрибан дар ҳамаи маҳалҳои сераҳолии деҳшӯроҳои Ванҷ мактабҳои ибтидоӣ таъсис ёфтанд, ки бештари бачагону наврасон дар онҳо таҳсил мекарданд.
Тобистони соли '''1941''' (дар арафаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ) дастгоҳи кинонамоишдиҳӣ дар Ванҷ сохта, ба марҳалаи истифода расид. Соли 1941 дар вилоят 41 китобхона вуҷуд дошт, аз ҷумла китобхонаи ноҳиявӣ дар маркази Ванҷ ва 12 чойхонаи сурх. Дар аввали моҳи апрели соли 1930 дар яке аз деҳаҳои баландкӯҳи водии Ванҷ --- Рованд нахустин маҷлиси ҷавонон баргузор шуд.
Дар соли таҳсилии 2011--2012 дар ноҳияи Ванҷ 50 мактаб, аз ҷумла 23 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 4 мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, 13 мактаби ибтидоӣ, мактаб-интернат ва муассисаи томактабӣ вуҷуд дошт. Дар ҳамин сол дар мактабҳои ноҳия 7437 талаба таҳсил мекард, ки ба онҳо 928 муаллими соҳибмаълумоти олӣ дарс медоданд.
'''25 июни соли 2025''' дар деҳаҳои Мотравн, Будун, Вишхарв, Жамаг, Бунай, Техарв ва Ғиҷовасти ноҳия 7 кӯдакистони нав ифтитоҳ гардид: чор кӯдакистон аз ҳисоби буҷети маҳаллии вилоят ва се кӯдакистони дигар аз ҳисоби сокинони деҳаҳо тариқи ҳашар сохта шудаанд. Ин муассисаҳо аз 20 синфхона иборат буда, барои 380 тарбиятгиранда пешбинӣ шудаанд ва дар онҳо 34 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.<ref name="ap20252" /><ref name="pt5128022">[https://prezident.tj/event/news/51280 Ифтитоҳи 7 кӯдакистон дар ноҳияи Ванҷ] // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
Дар Ванҷ 45 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 1 театр, 13 клуб, 2 автоклуб, 5 хонаи фарҳанг, 25 китобхона бо фонди 114 960 нусха китоб фаъолият мекунад. Рӯзномаи ноҳиявӣ бо номи «Ватан» нашр мешавад.
== Тиб ==
Соли '''1939''' дар Ванҷ маркази тиббӣ ва бемористоне барои 10 кат сохта шуда буд. Ин иттифоқ дар канори душвориҳои азиме ба вуҷуд омад: то оғози асри XX дар водӣ тибби илмӣ вуҷуд надошт ва сокинон танҳо ба гиёҳдармонӣ ва дуохонӣ такя мекарданд, ки боиси сатҳи баланди фавти модарону кӯдакон мегардид.<ref name="sssr-112sol2" /> Тибқи як таҳқиқи диссертатсионӣ, гузариш ба тибби муосир бо муқовимати шадид ҳамроҳ буд: соли '''1929''' табиби рус Спажев, ки барои расонидани кумаки аввалияи тиббӣ ба Ванҷ фиристода шуда буд, аз ҷониби дастаҳои босмачӣ ба қатл расонида шуд --- ҳодисае, ки соли 1931 бо қатли табиб Олхов дар ноҳияи ҳамҷавори Қалъаихумб такрор ёфт.<ref name="btsu-dissertation2">Диссертатсия // Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ.</ref> Муҳоҷирати маҷбурии соли 1954-и сокинони водии Язғулом ба водии гарми Вахш низ оқибатҳои вазнини беҳдоштӣ --- бемории оммавӣ ва фавти зиёди кӯдакон --- ба бор овард, ки яке аз сабабҳои бозгашти тадриҷии як қисми муҳоҷирон ба зодгоҳашон гардид.<ref name="sssr-112sol2" />
Ҳоло дар ноҳия як беморхонаи марказӣ (дар шаҳраки Рохарв, дорои 6 шуъбаи бистарикунонӣ), як беморхонаи минтақавӣ дар водии Язғулом, 22 бунгоҳи тиббӣ, маркази назорати беҳдоштӣ (санитарию эпидемиологӣ) ва 4 дорухона фаъолият доранд. Тибқи маълумоти соли 2023, ба ин шабака 57 310 нафар бемор муроҷиат кардааст --- ба ҳисоби миёна беш аз 1,6 маротиба барои ҳар сокини ноҳия дар як сол.<ref name="jumhuriyat-tandurusti2">[https://jumhuriyat.tj/2991-van-roandozii-tadbiro-dar-samti-tandurust-va-ifzi-itimo.html Ванҷ. Роҳандозии тадбирҳо дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ] // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар сохтори марказии шабака 47 духтури дорои маълумоти олӣ ва 193 корманди миёнаи тиббӣ кор мекунанд; рақами 369 нафар пизишки дорои маълумоти олӣ, ки дар маъхазҳои умумӣ оид ба ноҳия зикр мешавад, эҳтимол тамоми мутахассисони тиббии ҳудуди ноҳияро --- аз ҷумла дорухонаҳо, СЭС ва муассисаҳои хусусиро --- дар бар мегирад.<ref name="jumhuriyat-tandurusti2" />
Дар водии дурдасти Язғулом, ки пеш аз истиқлол мардум маҷбур буданд беморони вазнинро тавассути чорвои борбар ба масофаҳои дур интиқол диҳанд, имрӯз як дармонгоҳи минтақавӣ, ду маркази саломатӣ, се бунгоҳи тиббӣ дар деҳаҳои дурдаст ва як таваллудхонаи махсусгардонидашуда фаъолият доранд.<ref name="jumhuriyat-tandurusti2" /> Дар деҳаи Гармчашмаи ҷамоати Рованд, наздики лозури Ванҷях, як маркази саломатии муосир бо ҳамкории Вазорати тандурустӣ ва Хадамоти ҳифзи сиҳатии Бунёди Оғохон (Aga Khan Health Services) сохта шудааст.<ref name="khovar-garmchashma2">[https://khovar.tj/2015/09/iftito-i-markazi-salomat-dar-no-iyai-van/ Ифтитоҳи маркази саломатӣ дар ноҳияи Ванҷ] // АМИТ «Ховар», сентябри 2015. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар доираи барномаи миллии рушди инфрасохтори тиббӣ, соли '''2025''' сохтмони бинои нави Беморхонаи марказӣ барои 120 кат бо арзиши 114 миллион сомонӣ оғоз гардид.<ref name="president-hospital2">[https://president.tj/event/domestic_trips/51302 Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Ванҷ] // Президенти Тоҷикистон, 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Барои ҳалли норасоии кадрҳо, тайи давраи соҳибистиқлолӣ 142 нафар хатмкунандаи ноҳияи Ванҷ дар муассисаҳои олии тиббии ҷумҳурӣ (пеш аз ҳама Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино) таҳсил кардаанд, ки аз ин шумора 40 нафар тавассути квотаи президентӣ буда, соли 2025 боз 22 нафари дигар ба ҳамин квота фаро гирифта шуданд.<ref name="president-hospital2" /> Барномаи «Корвони саломатӣ»-и Вазорати тандурустӣ низ борҳо ба Ванҷ ташриф оварда, ба табибони маҳаллӣ таҷрибаандӯзӣ фароҳам овардааст.<ref name="khovar-korvon20222">[https://khovar.tj/2022/05/korvoni-salomat-sokinoni-no-iya-oi-darvoz-va-van-bo-hizmatrasonii-rojgoni-tibb-faro-girifta-shudand/ «Корвони саломатӣ». Сокинони ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ бо хизматрасонии ройгони тиббӣ фаро гирифта шуданд] // АМИТ «Ховар», майи 2022. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Бо сабаби баландкӯҳ будани минтақа, Ванҷ таърихан ба минтақаҳои паҳншавии бемории ҷоғвар (норасоии йод) мансуб буд; тибқи маълумоти таҳлилӣ, дар натиҷаи стратегияи миллии йодизатсияи намак сатҳи паҳншавии ин беморӣ дар давраи солҳои 2019--2023 то '''72 фоиз''' коҳиш ёфтааст.<ref name="avjizuhal2">Авҷи Зуҳал, № 2, 2025.</ref> Бо назардошти сатҳи баланди муҳоҷирати меҳнатии сокинони ноҳия, маркази маҳаллии мубориза бар зидди ВНМО (ВИЧ) корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни ҷавонон пайваста мегузаронад.<ref name="jumhuriyat-tandurusti2" /> Дар давраи пандемияи COVID-19 Беморхонаи марказии Ванҷ шуъбаи бемориҳои сироятиро ба реҷаи фавқулодда гузаронид, ва моҳи июни соли '''2020''' тибқи барномаи дастгирии Иттиҳоди Аврупо ба ин муассиса таҷҳизоти муҳофизати инфиродӣ (PPE) расонида шуд.<ref name="eeas-ppe2">[https://www.eeas.europa.eu/sites/default/files/eu_timeframe_for_ppe_distribution_20200611_4.pdf EU timeframe for PPE distribution] // Хадамоти амали берунии Иттиҳоди Аврупо (EEAS), июни 2020. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Беморхонаи марказӣ соли 2014 пурра ба низоми гармкунии барқӣ (аз ҳисоби неругоҳҳои хурди барқи обӣ) гузашт, ҳарчанд барои ҳолатҳои фавқулодда ҳарсола захираи эҳтиётии сӯзишворӣ нигоҳ дошта мешавад.<ref name="khovar-heating20142">[https://khovar.tj/2014/01/bemorhonai-van-1207-ba-nizomi-garmkunii-bar-1179-1251-guzasht/ Беморхонаи Ванҷ ба низоми гармкунии барқӣ гузашт] // АМИТ «Ховар», январи 2014. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Тибқи санҷиши Агентии амнияти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳо (июли 2024), Беморхонаи марказии Ванҷ талаботи қонунгузории бехатарии радиатсиониро пурра риоя намуда, дараҷаи хатари фаъолияти он «паст» арзёбӣ шудааст.<ref name="cbrn-inspection2">Феҳристи Агентии амнияти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ (cbrn.tj). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Варзиш ==
Ванҷ аз даврони қадим бо гуштигирони номвари худ шуҳратёр буд. Номи паҳлавонони ванҷӣ --- Амонат, Сулаймон, Дилдор, Хушдил, Худоӣ, Ҳиммат, Ш. Дилов, Алифбек ва дигарон то кунун ба некӣ ёд мешавад ва қиссаҳои майдондориашон ҳанӯз вирди забони хосу ом аст. Соли '''2024''' гӯштини миллии тоҷикӣ (гӯштингирӣ) дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта шуда, мақоми расман байналмилалӣ касб кард; шумораи мусобиқаҳои ин намуди варзиш дар саросари ҷумҳурӣ аз 485 адад дар соли 2020 то тақрибан 4000 адад дар соли 2022 афзудааст.<ref name="mfa-gushtingiri2">[https://mfa.tj/tg/brussels/view/12033/gushtini-tojiki-maqomi-bainalmilali-girift Гӯштини тоҷикӣ мақоми байналмилалӣ гирифт] // Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Паҳлавони ванҷӣ Шакармамад Мирмамадов, ки дар якчанд намуди варзиш (ҷудо, кураш, гӯштингирӣ) рақобат мекунад, яке аз муваффақтарин варзишгарони вазни сангини Тоҷикистон дар даҳсолаи охир аст: соҳиби медали биринҷии Бозиҳои XVIII осиёии соли 2018 дар Ҷакарта (ҷудо, +100 кг),<ref name="ozodi-asiada20182">[https://www.ozodi.org/a/29463618.html Бозиҳои XVIII осиёӣ: Шакармамад ҳам соҳиби медали биринҷӣ гардид] // Радиои Озодӣ. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> медали тиллои Чемпионати 13-уми Осиё оид ба кураш дар Теҳрон (июни 2024)<ref name="varzishtv-kurash2">[https://varzishtv.tj/tj/news/shakarmamad-mirmamadov-a-ramoni-osiye-oid-ba-kurash-/ Шакармамад Мирмамадов қаҳрамони Осиё оид ба кураш] // Варзиш ТВ. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> ва медали тиллои Нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ дар Душанбе (28--31 августи 2024, бо иштироки беш аз 200 варзишгар аз 63 давлат) гардид.<ref name="khovar-mirmamadov-world2">[https://khovar.tj/2024/08/varzishgari-to-ik-shakarmamad-mirmamadov-dar-nahustin-chempionati-a-on-oid-ba-g-shtingir-medali-tillo-ba-dast-ovard/ Варзишгари тоҷик Шакармамад Мирмамадов дар нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ медали тилло ба даст овард] // АМИТ «Ховар», августи 2024. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар мусобиқаҳои Наврӯзии байналмилалӣ дар Хоруғ (марти 2025) ва Рашт (апрели 2026) низ ғолиб омада, ҳарду бор соҳиби автомобил гардид.<ref name="khovar-khorugh20252">[https://khovar.tj/2025/03/shakarmamad-mirmamadov-barandai-sho-oizai-musobi-ai-bajnalmilalii-g-shtini-mill-dar-sha-ri-horu-gardid/ Шакармамад Мирмамадов барандаи Шоҳҷоизаи Мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ дар шаҳри Хоруғ гардид] // АМИТ «Ховар», 26 марти 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="khovar-rasht20262">[https://khovar.tj/2026/04/mu-ammadin-shodmon-far-od-va-shakarmamad-so-ibi-sho-oiza-oi-musobi-ai-g-shtini-millii-no-iyai-rasht-shudand/ Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд] // АМИТ «Ховар», 15 апрели 2026. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
'''25 марти соли 2020''' дар ҷамоати деҳоти Язғулом бахшида ба Наврӯз мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ баргузор гардид, ки дар он беш аз 300 нафар паҳлавон на танҳо аз Ванҷ, балки аз Душанбе, Бохтар, Кӯлобу Хоруғ ва ноҳияҳои Дарвозу Рӯшон иштирок карданд.<ref name="vkd-yazgulom20202">[https://www.old.vkd.tj/index.php/tj/ruydodho/27292-barguzorii-gushtini-mill-dar-yazgulom Баргузории гуштини миллӣ дар Язгулом] // Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар ноҳия беш аз 40 иншооти варзишӣ мавҷуд аст. '''25 июни соли''' 2025 '''дар деҳаи Убари Даргов толори варзишӣ бо масоҳати умумии 615 м²,''' иборат аз толори асосӣ, толори тенниси рӯи миз ва ҳуҷраҳои ёрирасон, ба истифода дода шуд.<ref name="ap20252" /><ref name="pt512762">[https://prezident.tj/event/news/51276 Ифтитоҳи толори варзишӣ дар деҳаи Убари Даргови ноҳияи Ванҷ] // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref> Ҳамчунин, '''15''' ноябри соли 2025''', дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар''' деҳаи Андарбоғи ҷамоати Язғулом толори варзишии замонавӣ, ки бо маблағи 480 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст, ба истифода дода шуд.<ref name="khovar-andarbak2">[https://khovar.tj/2025/11/bahshida-ba-r-zi-prezident-dar-de-ai-andarbaki-no-iyai-van-tolori-muosiri-varzish-ba-istifoda-doda-shud/ Бахшида ба Рӯзи Президент дар деҳаи Андарбаки ноҳияи Ванҷ толори муосири варзишӣ ба истифода дода шуд] // АМИТ «Ховар», 15 ноябри 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Пеш аз ин, '''11 сентябри соли 2018''' бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамин ҷамоати Язғулом низ як толори варзишӣ ба истифода дода шуда буд.<ref name="vkd-yazgulom-mvd20182">[https://www.old.vkd.tj/index.php/tj/2020-01-18-07-50-18/khabar-o-bojgon/21050-iftito-i-tolori-varzish-dar-no-iyai-van Ифтитоҳи толори варзишӣ дар ноҳияи Ванҷ] // Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Ба ғайр аз гӯштин, дар солҳои охир волейбол низ дар ноҳия рушд кардааст: дар мусобиқаи маҳаллӣ 7 дастаи волейболи ҷавонон иштирок доранд, ва дастаи ноҳияи Ванҷ дар Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявии волейбол дар ноҳияи Восеъ дар қатори дастаҳои пуриқтидоре чун «Регар ТадАЗ» ва дастаи шаҳри Душанбе иштирок карда, рақобати арзанда нишон додааст.<ref name="khovar-vosevolleyball2">[https://khovar.tj/2025/06/regar-tadaz-dar-musobi-a-oid-ba-volejbol-dar-no-iyai-vose-sazovori-sho-oiza-gardid/ «Регар ТадАЗ» дар мусобиқа оид ба волейбол дар ноҳияи Восеъ сазовори Шоҳҷоиза гардид] // АМИТ «Ховар», июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар Бозиҳои осиёии соли 2018, ки самбо бори аввал ба барномаи он дохил шуда буд, Тоҷикистонро дар қатори дигарон ду варзишгари ҷавон --- Ҷомии Ҳасанӣ ва Сомон Сангов --- намояндагӣ карданд.<ref name="ozodi-asiada20182" />
== Шахсиятҳои маъруф ==
* Мулло Муҳаммадёри Ванҷӣ (машҳур ба Мулло Ёр) --- шоири маъруфи мардумии тоҷик, зодаи деҳаи Ғумаяки водии Ванҷ; мероси ӯ то имрӯз дар байни мардуми кӯҳистони тоҷик маҳбубият дорад.<ref name="pirumshoev-web2" />
* [[Раҳим Масов]] ('''16 ноябри 1939''', деҳаи Мудеҳарви ноҳияи Ванҷ --- '''21 июни 2018''', Душанбе) --- таърихшиноси барҷастаи тоҷик, доктори илмҳои таърих, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон; солҳои 1988--2015 директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш.<ref name="masov-khovar2">[https://khovar.tj/rus/2022/11/akademik-rahim-masov-zhizn-posvyashhennaya-otstaivaniyu-natsionalnyh-interesov-tadzhikistana-segodnya-velikomu-uchenomu-ispolnilos-by-83-goda/ Академик Рахим Масов: жизнь, посвящённая отстаиванию национальных интересов Таджикистана] (рус.) // НИАТ «Ховар», 16 ноябри 2022. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="masov-ap2">[https://www.asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/society/20180621/segodnya-v-dushanbe-skonchalsya-akademik-rahim-masov Сегодня в Душанбе скончался академик Рахим Масов] (рус.) // Азия-Плюс, 21 июни 2018. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
* [[Ҳайдаршо Пирумшоев]] (таваллуд '''30 декабри 1944''', ноҳияи Ванҷ) --- таърихшинос, доктори илмҳои таърих, профессор; муаллифи асарҳои «Ванҷ» (М., 2004), «Ванҷи ману ганҷи ман» (Душанбе, 2013) ва таҳқиқоти сершумор оид ба таърихи Бадахшону Помир.<ref name="pirumshoev-ap2">[https://asiaplustj.info/tj/node/356410 Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо... 30 декабри соли 2025] // Asia-Plus. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
* Қодири Қосим (таваллуд '''9 апрели 1961''', ноҳияи Ванҷ) --- ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон.<ref name="kodiri2">[https://khovar.tj/rus/2020/01/predsedatel-federatsii-nezavisimyh-profsoyuzov-tadzhikistana-kodiri-kosim-vydvinut-kandidatom-v-deputaty-madzhlisi-namoyandagon/ Председатель Федерации независимых профсоюзов Таджикистана Кодири Косим выдвинут кандидатом в депутаты Маджлиси намояндагон] (рус.) // НИАТ «Ховар», январи 2020. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
* Мурувватшо Бачабеков ('''1 майи 1944''' --- '''9 сентябри 2023''', деҳаи Баравни ҷамоати Водхуд) --- устоди варзиши гӯштингирӣ, ки ӯро бунёдгузори мактаби муосири гӯштини Ванҷ медонанд; солҳои 1972--1994 устоди кафедраи тарбияи ҷисмонии Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) буд.<ref name="bachabekov2">[https://www.bomdod.com/2023/09/12/ustodi-pahlavononi-vanj-muruvvatsho-bachabekov-az-dunyo-raft/ Устоди паҳлавонони Ванҷ Мурувватшо Бачабеков аз дунё рафт] // Бомдод, 12 сентябри 2023. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
* Маҳмадшариф Сулаймонов (зодаи деҳаи Рованд) --- устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ дар гӯштини миллӣ, ки зиёда аз панҷоҳ сол дар майдони паҳлавонӣ фаъолият дорад.<ref name="sulaymonov2">[http://hamsafon.tj/10201-sufrai-pa1202lavon1250.html Суфраи паҳлавонӣ] // Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Ҳукумат ==
Сарвари ноҳияи Ванҷ Раиси ноҳия аст, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мегардад.<ref name="badakhshon-vanj2" /> Ниҳоди намояндагии ноҳия --- Маҷлиси вакилони халқ мебошад, ки аз тарафи мардуми ноҳия ба муддати 5 сол интихоб мешавад. Маълумоти расмӣ дар бораи ноҳия дар сомонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (badakhshon.tj) ҷой дода шудааст.<ref name="badakhshon-vanj2" />
Раисони ноҳия дар тӯли фаъолияти маъмурии он борҳо иваз шудаанд; барои мисол, '''17 ноябри соли 2021''' бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷабори Қосим аз мансаби раиси ноҳияи Ванҷ озод карда шуда, ба ҷои ӯ Мардзода Одинашо Миршаб ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия таъин гардид.<ref name="sputnik20212">[https://sputnik.tj/20211117/barkanori-jabbori-qosim-nazarshozoda-vanj-roshtqala-1043601608.html Раисони Ванҷу Роштқалъа барканор шуданд: раҳбарони нав киянд?] // Sputnik Тоҷикистон, 17 ноябри 2021. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Эзоҳ ==
<references />
== Манобеъ ==
* Андреев М. С. Выработка железа в долине Ванча (верховья Аму-Дарьи). --- Ташкент, 1926.
* Бубнова М. А. Горно-Бадахшанская автономная область. Западный Памир (памятники каменного века --- XX в.). --- Душанбе, 2008. --- (Археологическая карта Таджикистана).
* Бурхан-уд-Дин-хан Кушкеки. Путеводитель по Каттагану и Бадахшану. --- Ташкент, 1926.
* Гулшанӣ. Таърихи ҳумоюн. --- Душанбе, 2006.
* Искандаров Б. И. Восточная Бухара и Памир во второй половине XIX в. Ч. 1--2. --- Душанбе, 1962--1963.
* Камалиддинов Ш. С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX --- начала XIII вв. --- Ташкент, 1996.
* Лашкарбеков Б. Б. Старованджский язык (vanǰivor) // Основы иранского языкознания: Среднеиранские и новоиранские языки / под ред. В. А. Ефимова. --- М.: Восточная литература, 2008. --- С. 61--109.
* Масов Р. М. К истории Ванчской долины // Мероси ниёгон. --- Душанбе, 1999. --- № 4. --- С. 20--30.
* Мушкетов Д. И. Рохарв (Кала-и Ванч) // Известия Русского географического общества. --- Т. 52. --- 1916.
* Пирумшоев Ҳ. Ванҷ. --- М., 2004.
* Пирумшоев Ҳ., Зафаров А. Ванҷи ману ганҷи ман (очерки таърихӣ). --- Душанбе, 2013.
* Постников А. В. Схватка на «Крыше Мира»: политики, разведчики и географы в борьбе за Памир в XIX веке. --- М.: Памятники исторической мысли, 2001. --- [[Special:BookSources/5884511000|ISBN 5-88451-100-0]].
* Розенфельд А. З. Ванджские говоры таджикского языка / ЛГУ им. А. А. Жданова. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- 151 с.
* Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903.
* Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. --- Душанбе: СИЭМТ, 2013.
* Эдельман Д. И. Язгулямский язык. --- М.: Наука, 1966.
* Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. --- М.: Наука (ГРВЛ), 1975. --- С. 41--62.
* Языки мира: Иранские языки. III. Восточноиранские языки. --- М.: Индрик, 2000.
* Moseley Chr. (ed.) Atlas of the World's Languages in Danger. --- 3rd ed. --- Paris: UNESCO Publishing, 2010.
* Paul D., Abbess E., Müller K., Tiessen C., Tiessen G. Language Access and Tajik Language Proficiency among the Yazghulami of Tajikistan. --- SIL International, 2010.
== Пайвандҳо ==
* [https://www.vanjiman.com/ Сомонаи vanjiman.com]
* [https://vanj.info/ Торнамои Ванҷ (vanj.info)]
* [http://badakhshon.tj/?page_id=11224 Саҳифаи ноҳияи Ванҷ дар сомонаи расмии ВМКБ]
* [[c:Category:Vanj_District|Парвандаҳо дар Викианбор (Vanj District)]]
{{тоҷикистон-ҷуғ-нопурра}}
{{Тақсимоти маъмурии ВМКБ}}
{{Ноҳияи_Ванҷ}}
[[Гурӯҳ:Ноҳияҳои Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]]
[[Гурӯҳ:Ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]]
[[Гурӯҳ:Ноҳияи Ванҷ]]
flurjkvh5nkhiqruy0cjcrvus5z01lq
1482010
1482009
2026-07-25T18:28:24Z
Firdavsi
3353
1482010
wikitext
text/x-wiki
{{ВМ
| Ранг1 = #A5D570
| Номи тоҷикӣ =
| Номи аслӣ = Ноҳияи Ванҷ
| Нишон =
| Парчам =
| Бари нишон =
| Бари парчам =
| Тавсифи нишон =
| Тавсифи парчам =
| Кишвар = [[Тоҷикистон]]
| lat_dir = N
| lat_deg = 38
| lat_min = 22
| lat_sec = 23
| lon_dir = E
| lon_deg = 71
| lon_min = 27
| lon_sec = 19
| region = TJ
| type = District
| Дараҷа =
| CoordScale =
| Суруди миллӣ =
| Мақом = Ноҳияи маъмурӣ
| Тобеъи = [[Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]]
| Шомили = 1 шаҳрак, 6 ҷамоат
| Пойтахт = [[Ванҷ (шаҳрак)|Ванҷ]]
| Шаҳри бузургтарин =
| Шаҳрҳои бузургтарин =
| Таъсис = [[29 май|29 маи]] [[1933]]
| Барҳамхӯрӣ =
| Номҳои пешина =
| Раис = Мардзода Одинашо Миршаб (аз 2022)<ref>{{Cite web|url=http://www.adlia.tj/show_doc.fwx?Rgn=143911|title=Указ Президента Республики Таджикистан от 1 декабря 2022 года №480 "О назначении Мардзода О.М. председателем Ванчского района Горно-Бадахшанской автономной области"|website=www.adlia.tj|accessdate=2023-01-04|archivedate=2024-12-09|archiveurl=https://web.archive.org/web/20241209162237/http://adlia.tj/show_doc.fwx?Rgn=143911}}</ref>
| Шакли роҳбарӣ = Раиси ноҳия
| Раис2 =
| Шакли роҳбарӣ2 =
| Раис3 =
| Шакли роҳбарӣ3 =
| ММД =
| Соли ММД =
| Ҷой аз рӯи ММД =
| ММД ба сари аҳолӣ =
| Ҷой аз рӯи ММД ба сари аҳолӣ =
| Забон =
| Забонҳо = [[Забони тоҷикӣ|тоҷикӣ]], [[Забонҳои бадахшонӣ]] — [[Забони язғуломӣ|язғуломӣ]]
| Аҳолӣ = 35 400
| Соли барӯйхатгирӣ = 2024
| Фоиз аз аҳолӣ = 4,8
| Ҷой аз рӯи аҳолӣ =
| Баҳодиҳии аҳолӣ =
| Соли баҳодиҳӣ =
| Зичӣ = 7,7
| Ҷой аз рӯи зичӣ =
| Ҳайати миллӣ = [[тоҷик]]он
| Ҳайати динӣ = [[мусулмон]], [[суннӣ]], мазҳаби [[ҳанафӣ]]
| Масоҳат = 4430,5
| Фоиз аз масоҳат =
| Ҷой аз рӯи масоҳат =
| Баландии бештарин = 7495
| Баландии миёна = 3000
| Баландии камтарин =
| Харита = Vanj District in Tajikistan.svg
| Андозаи харита =
| Харита2 =
| Минтақаи замонӣ = UTC+5
| Сарвожа = VA
| ISO = TJ.BK.VA
| Шиносаи ададӣ =
| Шакли шиноса =
| Шиносаи ададӣ2 =
| Шакли шиноса2 =
| Шиносаи ададӣ3 =
| Шакли шиноса3 =
| FIPS =
| Коди телефон = +992 3551
| Нишонаи почта = 736300
| Домени интернет = tj
| Коди мошинҳо = 04 TJ
| Вебгоҳ = [[www.vanjiman.com]]
| Гурӯҳ дар Commons = Vanj District
| Эзоҳ =
}}'''Ноҳияи Ванҷ''' (форсӣ: ناحیۀ ونج) --- минтақаи таърихӣ ва яке аз [[Ноҳия|ноҳияҳои]] [[Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]], воқеъ дар шимолу ғарби вилоят, дар шарқи Ҷумҳурии [[Тоҷикистон]]. Масоҳаташ 4430,5 км² буда, тибқи омори соли '''2024''' аҳолияш 35 400 нафарро ташкил медиҳад (зичии аҳолӣ тақрибан 8 нафар дар 1 км²). Ҳамчун воҳиди расмии маъмурию ҳудудӣ '''29 майи 1933''' таъсис ёфтааст.<ref name="vanchraion22">[https://dic.academic.ru/dic.nsf/ruwiki/1287410 Ванджский район] (рус.) // Словари и энциклопедии на Академике (нусхаи мақолаи Википедиаи русӣ, 2010). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Маркази ноҳия шаҳраки [[Рохарв]] (форсӣ: راخرو) аст, ки расман шаҳраки Ванҷ ном дошта, дар харитаҳо низ чунин сабт мешавад, вале дар забони мардум то имрӯз бо номи бостонии худ --- Рохарв ёд мегардад; шаҳрак 176 км шимолтар аз шаҳри [[Хоруғ]], дар канораи резишгоҳи рӯди Рохарвоб ба Ванҷоб ҷой дорад.<ref name="vanchraion22" /><ref name="pirumshoev-web22">[https://vanj.info/%D0%B2%D0%B0%D0%BD%D2%B7-%D0%BC%D0%B0%D1%8A%D0%BB%D1%83%D0%BC%D0%BE%D1%82%D0%B8-%D2%B7%D1%83%D2%93%D1%80%D0%BE%D1%84%D3%A3/ Ванҷ. Маълумоти ҷуғрофӣ] (порча аз китоби Ҳ. Пирумшоев «Ванҷи ман») // Торнамои Ванҷ (vanj.info). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="badakhshon-vanj22">[http://badakhshon.tj/?page_id=11224 н. Ванҷ (www.vanj.tj)] // Сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Тибқи анъанаи маҳаллӣ, тамоми рустоҳоеро, ки аз деҳаи Бунай болотар воқеъанд, «Ванҷи Боло» меноманд; водиҳои поёниро бошад, на «Ванҷи Поён», балки бо номҳои таърихии худашон --- Язғулом, Водхуд ва Пшихарв --- ёд мекунанд.<ref name="pirumshoev-web22" /> Дигар шӯроҳои русто, мисли Водхуд, Язғулом, Рованд ва Техарв, ки фарогири чандин деҳаанд, то кунун номҳои таърихии худро нигоҳ доштаанд. Шӯрои рустои Рохарв дар ҳоли ҳозир чун ҷамоати ба номи Маҳмадулло Абдуллоев<ref name="khovar-ubari222">[https://khovar.tj/2025/06/peshvoi-millat-emomal-ra-mon-dar-no-iyai-van-tolori-varzishiro-iftito-namudand/ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ толори варзиширо ифтитоҳ намуданд] // АМИТ «Ховар», 25 июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> ва шӯрои рустои Жовид феълан дар шакли ҷамоати Ҷовидон номгузорӣ шудаанд.
Қабл аз вуруди Артиши Сурх ба Ванҷ ва истиқрори низоми шӯравӣ, маркази идории амлокдории Ванҷ дар шаҳраки Рохарв, дар «Қалъаи Ванҷ» ё «Қалъаи Рохарви Ванҷ» қарор дошт, ки ҳам қароргоҳи мири Ванҷ ва ҳам маҳалли будубоши гурӯҳаки маҳдуди сипоҳи манғитиён будааст.<ref name="mushketov22">Мушкетов Д. И. Рохарв (Кала-и Ванч) // Известия Русского географического общества. --- Т. 52. --- 1916.</ref>
Дарёҳои бузургтарини ноҳия --- Ванҷоб, [[Язғулом (дарё|Язғулом]]) ва [[Панҷ (рӯд|Панҷ]]) мебошанд. Ду соҳили дарёи Ванҷоб бо дарозии зиёда аз 100 км бахши умдаи ноҳияро ташкил медиҳад.
== Номшиносӣ ==
Дар сарчашмаҳои русӣ ва адабиёти даврони шӯравӣ номи ноҳия дар шаклҳои «Ванч» ва «Вандж» омадааст, ки гунаи русишудаи ҷойноми тоҷикии Ванҷ мебошад.<ref name="badakhshon-vanj22" />
Дар боби решаи ин ном ақидаҳо мухталифанд. Донишманди тоҷик Гулшанӣ дар китобаш «Таърихи ҳумоюн», ки соли 1328 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо '''1910''' милодӣ навиштааст, онро табдилёфтаи номи дарёи Панҷ шумурда, дар бораи диёри Ванҷ мегӯяд:
Қасабаи Ванҷ ба тарафи шарқии Дарвоз, ба таҳти ақабаи Боми Дунё воқеъ аст ва дар он ҷониб манбаи дарёи Омӯя ва Ҷайҳун ва онро Чашмаи Панҷ мегӯянд, аз қуллаи шомихи кӯҳи Боми Дунё набаъон менамоянд. Аз андак масофат, панҷ чашма ба як ҷо ҷамъ мешавад ва ғарбан ҷараён менамояд ва онро чашмаи Панҷ мегӯянд ва он қасабаро Ванҷ меноманд, ки он муҳаррафи Панҷ аст. Оби аввали наҳри Ҷайҳун ҳамин аст.<ref name="gulshani222">Гулшанӣ. Таърихи ҳумоюн. --- Душанбе, 2006. --- С. 157.</ref>
Тадқиқоти забоншиносии баъдина ин ривояти халқиро тасдиқ намекунад. Эроншиноси маъруф Д. И. Эделман дар пажӯҳиши бунёдии худ «Географические названия Памира» («Номҳои ҷуғрофии Помир»), ки соли '''1975''' дар маҷмуаи «Страны и народы Востока» ба чоп расидааст, решаи вожаи «Ванҷ»-ро мушаххасан шарҳ намедиҳад, балки онро номи аслии худи водӣ мешуморад, ки номи дарёи Ванҷов (Ванҷ + «об») низ аз он гирифта шудааст.<ref name="edelman1975222">Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. --- М.: Наука (ГРВЛ), 1975. --- С. 41--62.</ref> Тибқи мушоҳидаи ӯ, ҳамсоягони язғуломизабони ин водӣ онро на «Ванҷ», балки «Вауз» меноманд, ки ин худ далели дигаре бар куҳансолии эҳтимолии ин ном аст.<ref name="edelman1975222" /> Забони куҳани ванҷии аз байнрафта, ки сокинони маҳаллӣ то охири асри XIX бад-он сухан мегуфтанд, худро «vanǰivor» меномид,<ref name="lashkarbekov2008222">Лашкарбеков Б. Б. Старованджский язык (vanǰivor) // Основы иранского языкознания: Среднеиранские и новоиранские языки / под ред. В. А. Ефимова. --- М.: Восточная литература, 2008. --- С. 61--109.</ref> вале дар адабиёти дастрас пажӯҳише, ки решаи номи «Ванҷ»-ро аз вожаҳои ҳамин забон ба даст оварда бошад, ёфт нашуд. Дар маҷмуъ, Эделман хулоса мебарорад, ки аксари номҳои ҷуғрофии Помири Ғарбию Ҷанубӣ бо ёрии забонҳои имрӯза шарҳнопазиранд, ки ин аз куҳансолии онҳо гувоҳӣ дода, эҳтимоли тааллуқи баъзеи онҳоро ба забонҳои пешин (субстратӣ) нишон медиҳад.<ref name="edelman1975222" />
Бинобар ин, то имрӯз дар илми забоншиносии эронӣ решашиносии қатъӣ ва ба таври васеъ пазируфташудаи вожаи «Ванҷ» пешниҳод нашудааст: ривояти Гулшанӣ дар боло намунаи анъанаи омиёна-таърихии маҳаллист, на натиҷаи таҳлили илмии забонӣ. Мутахассисони соҳа бошанд, ин номро қадимӣ мешуморанд ва эҳтимол медиҳанд, ки он ба давраи пеш аз паҳншавии забони тоҷикӣ дар ин минтақа тааллуқ дошта бошад, бидуни он ки то ба ҳол решаи дақиқи онро муайян карда бошанд.
Номи Ванҷ соли '''2023''' ба бузургтарин лозури Помир низ гузошта шуд: '''31 июли соли 2023''' бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лозури Федченко расман [[Лозури Федченко|Ванҷях]] номгузорӣ гардид, ки ин ном аз ибораи «яхи Ванҷ» бармеояд.<ref name="khovar-vanjyakh22">[https://khovar.tj/rus/2024/06/lednik-vandzhyah-odin-iz-samyh-bolshih-lednikov-tadzhikistana-i-gornyh-sistem-mira/ Ледник Ванджях -- один из самых больших ледников Таджикистана и горных систем мира] (рус.) // НИАТ «Ховар», 9 июни 2024. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="ozodi-vanjyakh222">[https://rus.azathabar.com/a/smi-krupneyshiy-na-pamire-lednik-fedchenko-pereimenovan-v-vandzhyah-/32555839.html СМИ: крупнейший на Памире ледник Федченко переименован в «Ванджях»] (рус.) // Радиои Озодӣ, 20 августи 2023. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Ҷойгоҳ ==
Ноҳияи Ванҷ бо сарзамини 4430,5 км² дар миёни қаторкӯҳҳои [[Қаторкӯҳи Дарвоз|Дарвоз]] ва [[Қаторкӯҳи Язғулом|Язғулом]] воқеъ аст. Дар шимол бо ноҳияи Сангвор (Тавилдараи пешин), дар шарқ бо [[ноҳияи Мурғоб]], дар ҷануб бо [[ноҳияи Рӯшон]], дар ғарб бо [[Ноҳияи Дарвоз|ноҳияи Дарвози]] Тоҷикистон ва дар ҷанубу ғарб, аз тариқи рӯди Панҷ, бо ноҳияи Дарвози [[Вилояти Бадахшон|вилояти Бадахшони]] [[Афғонистон]] ҳаммарз мебошад.<ref name="vanchraion22" /> Марзи шарқии ноҳияро [[қаторкӯҳи Академияи илмҳо]] ташкил медиҳад.<ref name="enwiki-map222">Republic of Tajikistan, map showing administrative division as of January 1, 2004, «Tojikkoinot» Cartographic Press, Dushanbe.</ref>
Аз шимолу шарқи ноҳия ба ҷанубу ғарби он рӯдҳои [[Ванҷ (дарё|Ванҷ]]) ва Язғулом ҷорӣ мешаванд, ки ба рӯди Панҷ мерезанд. Сарзамини ноҳия ду водии нисбатан васеи Бадахшонро дар бар мегирад. Яке аз онҳо дараи рӯди Ванҷ аст, ки беш аз 150 км дарозо дорад ва аз лозурҳои Ҷамъияти ҷуғрофӣ, Хирсон ва Абдуқаҳҳор оғоз мегирад. Водии дигар дараи рӯди Язғулом аст, ки дар миёни қаторкӯҳҳои Язғулому Рӯшон ҷой гирифтааст. Ин ду водиро аз ҳамдигар қаторкӯҳи Ванҷ ҷудо мекунад.<ref name="enwiki-map222" /> Баландии маҳал аз сатҳи дарё аз 1500 то 5000 метр мебошад.
Дарёи Ванҷ (Ванҷоб) 103 км дарозӣ ва 2070 км² ҳавзаи обғундорӣ дорад. Он аз ҳамроҳшавии ду шохоб падид меояд: яке аз лозурҳои нишебии шимолии қаторкӯҳи Ванҷ сарчашма мегирад, дигаре бошад --- аз нишебиҳои ғарбии қаторкӯҳи Академияи илмҳо. То резишгоҳи шохоби Кашолаях худи дарё номи Абдуқаҳҳор (Абдукагор)-ро дорад; танҳо пас аз ҳамроҳ шудан бо ин шохоб он ба номи Ванҷоб мубаддал мегардад. Сарфи миёнаи солонаи об дар резишгоҳи дарё 49,4 м³/с аст.<ref name="bse-vanch222">[https://www.booksite.ru/fulltext/1/001/008/003/192.htm Ванч] (рус.) // Большая советская энциклопедия. --- 3-е изд. --- М.: Советская энциклопедия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дарёи Язғулом 80 км тӯл кашида, масоҳати ҳавзаи он 1970 км²-ро ташкил медиҳад; қисми болоии он то ҳамроҳшавии дарёи Ракзов Мазордара номида мешавад, сарфи миёнаи об дар поёноби дарё 36,2 м³/с буда, ғизои дарёҳои ноҳия асосан барфию лозурист ва сермобтарин моҳ июл аст.<ref name="yazgulem-river222">[https://waterresources.ru/reki/yazgulem/ Язгулем] (рус.) // Water Resources (бар пояи маълумотномаи «Ресурсы поверхностных вод СССР», 1971). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Ванҷ дар соҳили яке аз шохобҳои бузурги рости дарёи Панҷ (болооби Ому), ки бо номи Ванҷоб маъруф аст, ҷой гирифтааст. Масофа аз маркази ноҳия то шаҳри Хоруғ 176 км ва то шаҳри [[Душанбе]] 387 км аст.
Тавсифи аввалини илмии ҷуғрофии қаторкӯҳҳои иҳотакунандаи водии Ванҷ ба шарқшиноси рус А. А. Семёнов тааллуқ дорад, ки соли 1898 дар доираи экспедитсияи расмии граф А. А. Бобринский аз ин минтақа дидан карда буд. Ӯ дар китоби худ навиштааст:<blockquote>«Часть Дарваза по правую сторону Пянджа (Сѣверный Дарвазъ) занимаетъ западный склонъ Памирскаго плоскогорья: этотъ край изрѣзываютъ глубокими долинами рѣкъ: Пянджа и его притоковъ справа: Оби-Хингоу, Ванджа и Язгулина. Водораздѣломъ этихъ рѣкъ служатъ два высокихъ хребта: Дарвазскій, между рр. Оби-Хингоу и Ванджемъ, и Ванджскій,---между долинами Ванджа и Язгулина... Въ верховьяхъ Ванджа всѣ упомянутыя горныя цѣпи сходятся въ одинъ узелъ и сливаются съ Памирами.»</blockquote>Тарҷума: «Қисми Дарвоз, ки дар канори рости Панҷ ҷойгир аст (Дарвози Шимолӣ), нишеби ғарбии баландсаҳрои Помирро фаро мегирад: ин канораро водиҳои амиқи дарёҳо буридаанд --- Панҷ ва шохобҳои рости он: Оби-Ҳингов, Ванҷ ва Язғулом. Марзи обҷудокунии ин дарёҳоро ду қаторкӯҳи баланд ташкил медиҳанд: Дарвоз --- миёни рӯдҳои Оби-Ҳингову Ванҷ, ва Ванҷ --- миёни водиҳои Ванҷу Язғулом... Дар болооби Ванҷ ҳамаи ин қаторкӯҳҳои зикршуда ба як гиреҳ мепайванданд ва бо Помир мепайванданд».<ref name="semenov1903-p63">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 6.</ref>
Дар ҳамин гиреҳи кӯҳӣ, ки қаторкӯҳҳои Ванҷу Дарвоз бо Помир мепайванданд, Семёнов ағбаи баландеро ба қайд гирифтааст, ки ба болооби Ванҷ мебарад: «Въ этомъ горномъ узлѣ лежить на высотѣ свыше 15 тыс. футовъ надъ уровнемъ моря перевалъ Сытаргй въ долину р. Вандж, или Ванча» --- тарҷума: «Дар ҳамин гиреҳи кӯҳӣ, дар баландии зиёда аз 15 ҳазор фут аз сатҳи баҳр, ағбаи Сытаргӣ ба водии дарёи Вандж (Ванҷ) ҷойгир аст».<ref name="semenov1903-p72">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 7.</ref>
=== Лозурҳо ва қуллаҳо ===
Болооби дараи Ванҷ, ки дар он ҷо рӯд номи Абдуқаҳҳор (Абдукагор)-ро дорад, аз калонтарин марказҳои лозурии [[Помир]] ба шумор меравад. Бузургтарин лозури ҳавзаи рӯди Ванҷ лозури Ҷамъияти ҷуғрофӣ мебошад, ки дар маҳалли пайвастшавии қаторкӯҳҳои Академияи илмҳо ва Дарвоз ҷой гирифта, дарозиаш 24,2 км ва масоҳаташ 64,4 км² аст. Ин лозур соли '''1882''' кашф гардида, соли '''1928''' ба шарафи Ҷамъияти ҷуғрофии Русия номгузорӣ шудааст.<ref name="rgo222">[https://rgo.ru/activity/redaction/news/lednik-geograficheskogo-obshchestva-na-pamire-taet/ Ледник Географического общества на Памире тает] (рус.) // Сомонаи расмии Ҷамъияти ҷуғрофии Русия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар ҳавзаи Абдуқаҳҳор, дар нишебии ғарбии қаторкӯҳи Академияи илмҳо, лозури Хирс (дар адабиёти илмии русӣ --- Медвежий) воқеъ аст, ки бо ҳаракатҳои даврии ногаҳонии худ (сёрҷ) дар ҷаҳон шуҳрат дорад. Дарозии лозури Хирс 15,8 км ва масоҳаташ 25,3 км² аст; ҳавзаи барфии он дар баландии беш аз 5500 м бо ҳавзаи лозури Ванҷях (Федченко) муштарак буда, забонаи борику дарози он бо яхшораи (ледопад) 900-метра аз ҳавзаи ғизогирии фирнӣ ба дараи чуқур, то баландии 2900 м, фуруд меояд.<ref name="kotlyakov-medv222">Медвежий ледник // Словарь современных географических названий / Рус. геогр. о-во. Моск. центр; под общ. ред. акад. В. М. Котлякова. --- Екатеринбург: У-Фактория, 2006.</ref> Забонаи ин лозур дар зарфи чанд моҳ то 2 км ба поёни дара пеш рафта, маҷрои дарёи Абдуқаҳҳорро мебандад ва кӯли лозурӣ ба вуҷуд меоварад, ки шикофта шудани он ба обхезиҳои харобиовар дар водии Ванҷ оварда мерасонад. Чунин ҳаракатҳо дар солҳои '''1916''', '''1937''', '''1951''', '''1963''', '''1973''', '''1989''', '''2001''' ва '''2011''' ба қайд гирифта шудаанд.<ref name="medvezhy222">[https://www.silkadv.com/en/content/lednik-medvezhiy-v-hrebte-akademii-nauk Ледник Медвежий в хребте Академии Наук] (рус.) // Silk Road Adventures. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ҳангоми ҳаракати соли '''1963''' лозур қариб 1,75 км пеш рафта, дараи Абдуқаҳҳорро баст ва дар он сол ду маротиба (19 июн ва 3 июл) обхезиҳои лозурӣ рӯй доданд. Соли '''1973''' садди яхине бо паҳноии тақрибан ним километр ва баландии саду панҷоҳ метр дараро банд карда, дар паси он кӯле бо чуқурии то 110 метр пайдо шуд; 19 июни соли 1973, вақте ки дар кӯл 27 млн м³ об ҷамъ омада буд, рахнашавии он ба амал омад.<ref name="vinogradov222">[https://glaciallakes.narod.ru/articles/articl_other/3-1.htm Виноградов Ю. Б. Сведения о прорывах озёр, подпруженных ледниками] (рус.). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар қисмати шарқии қаторкӯҳи Язғулом, дар марзи ҷанубу шарқии ноҳия, қуллаи Истиқлол (то соли 2006 --- қуллаи Революция; 6940 м) --- чорумин қуллаи баланди Тоҷикистон қомат афрохтааст. Дар домани шимолии он лозури бузурги [[Лозури Федченко|Федченко]] --- дарозтарин лозури кӯҳии ҷаҳон берун аз минтақаҳои қутбӣ (77 км) оғоз меёбад.<ref name="revolution222">[http://wiki.risk.ru/index.php/%D0%9F%D0%B8%D0%BA_%D0%A0%D0%B5%D0%B2%D0%BE%D0%BB%D1%8E%D1%86%D0%B8%D0%B8 Пик Революции] (рус.) // Wiki.risk.ru. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Ин лозур, ки соли '''1878''' онро Василий Ошанин кашф карда, ба шарафи табиатшинос Алексей Федченко номгузорӣ намуда буд, аз '''31 июли''' соли '''2023''' бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расман Ванҷях ном '''дорад.<ref name="khovar-vanjyakh22" /><ref name="ozodi-vanjyakh222" /> Паҳноии''' миёнаи лозур 2 км ва ҳадди аксараш 5 км буда, ғафсии ях то 1 км ва ҳаҷми он ҳамроҳ бо шохобҳояш 144 км³ мерасад; лозур аз баландии 6200 м оғоз ёфта, забонааш то баландии 2909 м фуруд меояд ва дар силсилаи он 100 лозури хурду бузург, аз ҷумла 26 шохоби бевосита, ба ҳам пайвастаанд. Дар канори чапи лозур, дар баландии 4169 м, '''7 августи''' соли '''1933''' истгоҳи гидрометеорологӣ кушода шуда буд, ки то '''соли''' 1995 '''бефосила кор кард ва соли''' 2004 '''дар доираи лоиҳаи''' байналмилалӣ дар он ҷо истгоҳи худкор насб гардид. Бар асари гармшавии иқлим лозур танҳо дар садаи XX дар танаи асосии худ тақрибан 15 км³ ях --- даҳяки массаи худро --- аз даст додааст.<ref name="khovar-vanjyakh22" />
Тибқи баррасиҳои гляциологии охирин, масоҳати умумии лозури Ванҷях (Федченко) тақрибан 700 км² арзёбӣ мешавад ва ҳаҷми умумии яхи он, бар пояи ченкунии ғафсии қабати ях, 123,4 ± 28 км³ ҳисоб карда шудааст.<ref name="mayer-vol22">[https://www.cambridge.org/core/journals/journal-of-glaciology/article/evolution-of-fedchenko-glacier-in-the-pamir-tajikistan-during-the-past-eight-decades/0F2F382BD7954575E28B20128B7825E2 The evolution of Fedchenko glacier in the Pamir, Tajikistan, during the past eight decades] (англ.) // Journal of Glaciology. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар тӯли 93 соли мушоҳидаи илмӣ (1928--2021), суръати миёнаи тағйири баландии сатҳи лозур ба −0,46 метр дар сол расидааст, ҳарчанд дар ду фосилаи алоҳида --- солҳои 1958--1980 ва 2010--2021 --- коҳиши баландии забонаи лозур ду баробар аз меъёри дарозмуддат тезтар будааст.<ref name="jog202422">[https://eartharxiv.org/repository/view/7474/ Multi-temporal elevation changes of Fedchenko Glacier, Tajikistan, from 1928 to 2021] (англ.) // EarthArXiv / Journal of Glaciology, 2024. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ченкуниҳои GNSS ва тасвирбардории радарии TanDEM-X нишон медиҳанд, ки мувозинати ҷирмии лозур аз −0,27 ± 0,05 метри муодили обӣ дар сол барои давраи 2000--2011 то −0,51 ± 0,04 метр дар сол барои давраи 2011--2016 бадтар шудааст, яъне суръати обшавии лозур дар даҳсолаи охир тақрибан ду баробар афзудааст.<ref name="lambrecht201822">Lambrecht A., Mayer C., Wendt A., Floricioiu D., Völksen C. Elevation change of Fedchenko Glacier, Pamir Mountains, from GNSS field measurements and TanDEM-X elevation models, with a focus on the upper glacier // Journal of Glaciology.</ref> Бо вуҷуди ин, азбаски забонаи лозур бо қабати ғафси хоку сангреза пӯшида аст, масоҳати намоёни он тайи даҳсолаҳо танҳо 1,4 фоиз тағйир ёфта, дар ҳоле ки ҳаҷми аслии яхи он коҳиши назаррас --- тақрибан 5 км³ дар тӯли ҳашт даҳсола --- доштааст.<ref name="mayer-vol22" /> Тибқи маълумоти барномаи UNEP GRID-Arendal, забонаи лозур аз соли 1933 инҷониб зиёда аз 1 километр ба ақиб нишастааст ва аз соли 1980 инҷониб тақрибан 50 метр паст шудааст.<ref name="gridarendal22">[https://www.grida.no/resources/5274 Shrinking of Fedchenko Glacier in the Pamirs of Tajikistan] (англ.) // UNEP GRID-Arendal. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Пажӯҳиши соли 2026 дар маҷаллаи «Remote Sensing» доир ба ҳавзаи лозурии дарёи Вахш, ки низоми лозурии Ванҷях (Федченко)-ро низ фаро мегирад, нишон дод, ки масоҳати умумии лозурҳои ин ҳавза аз 4440,9 км² дар соли 2000 то 4087,1 км² дар соли 2018 коҳиш ёфта, барои соли 2025 тахминан 3955,2 км² пешбинӣ мешавад; яъне тайи солҳои 2000--2025 масоҳати умумии лозурҳо 485,7 км² (10,94 фоиз) кам шуда, коҳиши миёнаи солона ба 19,43 км² мерасад.<ref name="rs202622">[[doi:10.3390/rs18091436|Changes in Glaciers of the Vakhsh River Basin, Tajikistan Under Global Climate Change]] (англ.) // Remote Sensing, ҷ. 18, № 9, мақолаи 1436, 2026.</ref>
Қисмати шарқии кӯҳистони ноҳия, аз ҷумла шарқи қаторкӯҳи Ванҷ ва минтақаи лозури Федченко, ба ҳудуди [[Боғи миллии Тоҷикистон]] дохил мешавад, ки соли '''1992''' таъсис ёфтааст ва моҳи июни соли '''2013''' таҳти унвони «Боғи миллии Тоҷикистон (кӯҳҳои Помир)» ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии [[ЮНЕСКО]] шомил гардид.<ref name="unesco222">[https://news.un.org/ru/story/2013/06/1224271 Таджикский национальный парк «Горы Памира» включён в список Всемирного наследия ЮНЕСКО] (рус.) // Маркази ахбори СММ, июни 2013. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="tnp222">[https://medt.tj/ru/tourism/tourism/1424-tajikskiy-natsionalniy-park-obekt-vsemirnogo-naslediya-unesco Таджикский национальный парк --- объект Всемирного наследия ЮНЕСКО] (рус.) // Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Заминҷунбӣ ===
Ноҳияи Ванҷ дар минтақаи аз ҷиҳати заминҷунбӣ фаъол ҷой дорад. '''2''' январи соли 2010 '''дар шарқи Тоҷикистон заминҷунбие бо''' бузургии 5,1--5,4 '''рух дод, ки дар натиҷаи он дар маркази ноҳияи Ванҷ''' ва деҳаҳои Роғу Гишкон беш аз 1050 бино хароб гардида, тибқи баъзе маълумот то 20 ҳазор нафар зарар диданд ва зиёда аз ҳазор сокин муваққатан бесарпаноҳ монданд.<ref name="ria2010222">[https://ria.ru/earthquake_Tadjikistan_03012010/ Землетрясение магнитудой в 5,1 балла произошло в Таджикистане] (рус.) // РИА Новости, 2--3 январи 2010. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="dialog2010222">[https://dialog.tj/smertonosnaya-stihiyato-rasskazyvaem-pro-samye-razrushitelnye-zemletryaseniya-v-tadzhikistane-i-mire/ Смертоносная стихия: рассказываем про самые разрушительные землетрясения в Таджикистане и мире] (рус.) // Диалог.TJ. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Иқлим ==
Иқлими ноҳияи Ванҷ қораӣ (континентӣ) аст; тобистонаш гарми бебориш, зимистонаш сарди камбарф; ҳарорати миёна дар моҳи июл 20--24 °C, дар январ аз −12 °C то −20 °C. Мизони борандагии солона 200--300 миллиметр аст. Баландиҳои 4000--5500 м марғзоранд, аз он болотар --- тундраи кӯҳист. Дар баландкӯҳҳо иқлим ба куллӣ дигар аст: дар минтақаи лозури Ванҷях ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво ҳатто дар моҳҳои июн--сентябр ҳамагӣ +1,6 °C буда, миқдори солонаи боришот дар он ҷо ба 1192 мм мерасад, ки 99 дарсади он ба шакли барф меборад.<ref name="khovar-vanjyakh22" />
=== Таснифи иқлимӣ ва механизмҳои ташаккулёбандаи он ===
Тибқи таснифи байналмилалии иқлимшиносии Кёппен--Гейгер (Köppen--Geiger), иқлими қисми асосии водиҳои поёнии ноҳияи Ванҷ ба гурӯҳи '''Dsa''' --- «иқлими қораии мӯътадил бо тобистони гарму хушк» --- мансуб дониста мешавад.<ref name="enwiki-vanj22">[[:en:Vanj|Vanj]] (англ.) // Wikipedia, the Free Encyclopedia. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ин рамз се хусусияти бунёдиро ифода мекунад: ҳарфи D нишон медиҳад, ки ҳарорати миёнаи сардтарин моҳи сол аз −3 °C поёнтар аст ва барф дар зимистон қабати устувор ташкил медиҳад, дар ҳоле ки гармтарин моҳ аз 10 °C болотар аст; ҳарфи s далолат мекунад, ки боришоти моҳи хушктарини тобистон ба маротиб камтар аз боришоти моҳи сербориштарини зимистону баҳор аст; ҳарфи a нишон медиҳад, ки ҳарорати миёнаи гармтарин моҳи сол аз 22 °C зиёдтар аст. Ин таснифот танҳо то баландиҳои тақрибан 2000--2500 метр эътибори комил дорад; бо боло рафтан аз ин сатҳ, иқлим ба категорияҳои сардтару намноки Dsb ва Dsc мегузарад, дар баландиҳои беш аз 3500--4000 метр ба категорияи E (иқлими тундраи кӯҳӣ) ва дар минтақаи лозурҳо, аз ҷумла дар ҳавзаи Ванҷях, ба категорияи EF (иқлими яхбандии доимӣ) табдил меёбад.<ref name="carpathian-outlook22">[http://www.carpathianconvention.org/tl_files/carpathiancon/Downloads/04%20Publications%20-%20Press%20-%20Gallery/CAsia_Summary_screen.pdf Outlook on climate change adaptation in the Central Asian mountains] (англ.) // Carpathian Convention. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Иқлими ноҳия натиҷаи таъсири мутақобилаи се механизми асосии атмосферист. Дар фасли зимистон (аз ноябр то март) минтақа таҳти таъсири канораи ҷанубу ғарбии Антитсиклони Сибирӣ қарор мегирад, ки массаҳои ҳавоии сарду хушкро ба водиҳои Помир ворид карда, ҳавои софи вале шадидан сарди зимистонаро ба вуҷуд меорад.<ref name="ecdp-rmuesom22">[https://ecdp.tj/uploads/files/Ramochnaya_model_upravleniya_ekologicheskimi_i_socialnimi_ohrannimi.pdf Рамочная модель управления экологическими и социальными охранными мерами (РМУЭСОМ)] (рус.) // ECDP.TJ. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар охири зимистону фасли баҳор, силсилабодҳои ғарбӣ (Westerlies), ки аз уқёнуси Атлантик ва баҳри Миёназамин ҷараён мегиранд, манбаи асосии намӣ ва боришот мебошанд; вақте ин сиклонҳо ба қаторкӯҳҳои баланди Ванҷу Язғулом бармехӯранд, раванди боришоти орографӣ (кӯҳсоз) рӯй медиҳад, ки боиси резиши миқдори зиёди борону барф мегардад. Дар моҳҳои июлу август бошад, гармшавии шадиди сатҳи замин дар биёбонҳои Афғонистону Эрон боиси пайдоиши минтақаҳои фишори паст мегардад, ки массаҳои ҳавоии тропикии хушкро ба минтақа ворид карда, равандҳои абрсозиро бозмедоранд ва давраи хушксолии тобистонаро фаро меоранд. Бо сабаби парокандагии шабакаи истгоҳҳои обуҳавосанҷӣ дар кӯҳистони Помир, таҳлили дақиқи микроиқлимҳои алоҳида --- ҳатто бо истифода аз пойгоҳҳои додаҳои глобалӣ ба монанди MERRA-2 --- то ҳанӯз кори мураккабе боқӣ мемонад.<ref name="pmc-panjbasin22">[https://pmc.ncbi.nlm.nih.gov/articles/PMC11760384/ Modeling of historical and future changes in temperature and precipitation in the Panj River Basin in Central Asia under the CMIP5 RCP and CMIP6 SSP scenarios] (англ.) // PMC. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Низоми ҳарорат ===
Маълумоти мушаххаси истгоҳҳои метеорологии маҳаллӣ манзараи дақиқтари низоми ҳароратиро пешкаш мекунанд. Тибқи таҳлили илмии соли 2024, ки бар асоси мушоҳидаҳои истгоҳи обуҳавосанҷии Хумроғӣ (воқеъ дар ҳавзаи болооби рӯди Ванҷ) анҷом дода шудааст, ҳарорати миёнаи солона дар ин минтақа тақрибан ба +9,9 °C баробар аст.<ref name="murodov202422">Murodov, M.; Li, L.; Safarov, M.; Lv, M.; Murodov, A.; Gulakhmadov, A.; Khusrav, K.; Qiu, Y. [[doi:10.3390/rs16101730|A Comprehensive Examination of the Medvezhiy Glacier\\\'s Surges in West Pamir (1968--2023)]] (англ.) // Remote Sensing. --- 2024. --- Ҷ. 16, № 10. --- Мақолаи 1730. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Гармтарин моҳи сол июл буда, ҳарорати миёнаи он ба +23,0 °C мерасад,<ref name="murodov202422" /> баъзе манбаъҳои дигар ҳарорати миёнаи июлро дар маркази ноҳия то +25 °C арзёбӣ мекунанд.<ref name="enwiki-vanj22" /> Тибқи маълумоти сомонаҳои обуҳавосанҷии оммавӣ, дар давоми рӯзҳои гарми тобистон (масалан, дар охири июлу аввали август) ҳарорати нимирӯзӣ метавонад ба таври муназзам то +27...+32 °C боло равад.<ref name="gismeteo-vanch22">[https://www.gismeteo.ru/weather-vanch-336641/ Погода в Ванче сегодня] (рус.) // Gismeteo. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Сардтарин моҳи сол январ аст, ки тибқи маълумоти истгоҳи Хумроғӣ ҳарорати миёнааш аз −4,9 то −5,0 °C-ро ташкил медиҳад.<ref name="murodov202422" /><ref name="enwiki-vanj22" /> Ин рақам аз тавсифи умумии дар боло овардашуда (аз −12 то −20 °C), ки маъмулан дар сарчашмаҳои донишномавӣ дар бораи маркази ноҳия дода мешавад, фарқи назаррас дорад; чунин ба назар мерасад, ки ин тафовут на ихтилофи асл, балки натиҷаи фарқи мавқеи чен ва усули ҳисоб бошад --- рақами дуюм эҳтимолан ба ҳарорати шабонаи ниҳоии сардтарин рӯзҳо ё ба минтақаҳои баландтари ноҳия дахл дорад, дар ҳоле ки рақами якум ҳарорати миёнаи моҳонаро дар як истгоҳи мушаххас инъикос мекунад. Муҳимтарин хусусияти ин иқлим амплитудаи миёнаи солонаи ҳарорат аст, ки ба 27,9 °C мерасад ва гувоҳи равшани набудани таъсири мӯътадилкунандаи баҳрҳо мебошад.<ref name="murodov202422" />
Ҳароратҳои фавқулода низ ба қайд гирифта шудаанд: тибқи як ҳуҷҷати арзёбии экологию иҷтимоӣ, дар моҳи '''июли соли 2013''' ҳарорати ҳаво дар ноҳия то '''+36,6 °C''' расидааст, дар ҳоле ки дар моҳи '''январи''' соли '''2012''' пасттарин ҳарорати мутлақ '''−20,5 °C''' ба қайд гирифта '''шуд;<ref name="ecdp-rmuesom22" /> тафовути''' миёни ин ду нишондиҳанда --- беш аз 57 дараҷа --- худ далели равшани шиддати иқлими қораии кӯҳистонии ноҳия аст.
Бо ҳар 100 метр болоравии баландӣ, ҳарорати ҳаво, тибқи қонунияти умумии физикаи атмосфера, ба ҳисоби миёна 0,6 °C коҳиш меёбад; маҳз ҳамин градиенти амудӣ сабаб мешавад, ки дар ҳоле ки дар маркази ноҳия тобистон гармои то 30 дараҷа ҳукмфармост, дар баландиҳои болои 4000 метр шароити наздик ба зимистон боқӣ мемонад. Дар минтақаи лозури Ванҷях, тавре ки дар боло зикр гардид, ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво ҳатто дар моҳҳои июн--сентябр ҳамагӣ +1,6 °C-ро ташкил медиҳад, ки шабнаму яхбандии шабонаро дар он ҷо ҳатто дар авҷи тобистон табиӣ мегардонад.
{| class="wikitable"
|+Ҷадвали 1. Хулосаи нишондиҳандаҳои иқлимии ноҳияи Ванҷ<ref name="murodov202422" /><ref name="enwiki-vanj22" /><ref name="ecdp-rmuesom22" /><ref name="gismeteo-vanch22" /><ref name="jsprav-vanch22">[https://pogoda.jsprav.ru/tj/vanch/ Погода в Ванче (Таджикистан)] (рус.) // JSPRAV.ru. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
!Нишондиҳанда
!Қимат
!Тавзеҳ
|-
|Ҳарорати миёнаи солона
| +9,9 °C
|Истгоҳи Хумроғӣ
|-
|Ҳарорати миёнаи июл (гармтарин моҳ)
| +23,0...+25,0 °C
|Хумроғӣ / маркази ноҳия
|-
|Ҳарорати миёнаи январ (сардтарин моҳ)
|−4,9...−5,0 °C
|Истгоҳи Хумроғӣ
|-
|Амплитудаи миёнаи солонаи ҳарорат
|27,9 °C
|Нишондиҳандаи иқлими қораӣ
|-
|Максимуми мутлақ (рекорд)
| +36,6 °C
|Июли соли 2013
|-
|Минимуми мутлақ (рекорд)
|−20,5 °C
|Январи соли 2012
|-
|Боришоти солона (Хумроғӣ)
|341 мм
|Ҳавзаи болооби рӯди Ванҷ
|-
|Моҳи сербориштарин
|64 мм
|Март
|-
|Моҳи хушктарин
|1 мм
|Август
|-
|Намнокии нисбии ҳаво дар тобистон
|18--24 %
| ---
|}
=== Боришот ва намнокии ҳаво ===
Тақсимоти боришот дар ноҳияи Ванҷ, мисли ҳарорат, ба таври шадид вобаста ба баландӣ тағйир меёбад. Тибқи маълумоти истгоҳи Хумроғӣ, боришоти миёнаи солона дар ҳавзаи болооби рӯди Ванҷ ба 341 мм мерасад,<ref name="murodov202422" /> дар ҳоле ки дар қисматҳои поёнии водӣ ин рақам ба 200--300 мм наздик аст (ниг. боло), ва дар баъзе минтақаҳои миёнакӯҳ, тибқи баъзе сарчашмаҳо, то 626 мм низ мерасад.<ref name="enwiki-vanj22" /> Хусусияти муҳимтарин на ҳаҷми умумии боришот, балки тақсимоти бениҳоят нобаробари он дар тӯли сол аст: моҳи сербориштарин март буда, ба ҳисоби миёна 64 мм боришот дорад ва бо обшавии ҳамзамони барфҳои кӯҳӣ сатҳи оби Ванҷобу Язғуломро кескин боло мебарад; моҳи хушктарин бошад, август аст, ки миқдори боришот дар он ҳамагӣ ба 1 мм мерасад.<ref name="murodov202422" /> Тафовути 63-миллиметра миёни ин ду моҳ нишондиҳандаи равшани хушксолии мутлақи тобистона мебошад.<ref name="murodov202422" />
Намнокии нисбии ҳаво низ ба ҳамин ритми мавсимӣ пайравӣ мекунад: дар авҷи тобистон он метавонад то 18--24 фоиз коҳиш ёбад,<ref name="jsprav-vanch22" /> ки боиси бухоршавии босуръати намӣ аз сатҳи хоку баргу набот гардида, эҳтиёҷи кишоварзиро ба обёрии сунъӣ хеле меафзояд. Дар муқобил, дар минтақаи баландкӯҳии лозури Ванҷях, тавре ки дар боло омад, миқдори солонаи боришот ба 1192 мм мерасад, ки 99 дарсади он ба шакли барф меборад --- рақаме, ки таъсири орографии (кӯҳсози) қаторкӯҳҳои Ванҷу Академияи илмҳоро ба таври возеҳ нишон медиҳад: ҳангоме ки массаҳои ҳавоии намнок ба ин деворҳои азим бармехӯранд, ба боло ҳаракат карда, сард мешаванд ва намии худро дар шакли боришоти шадид дар минтақаҳои баландтар мепартоянд, дар ҳоле ки водиҳои поёнӣ дар «сояи боришот» боқӣ мемонанд.
Хоки водиҳо ҷигарӣ ва чаманзорӣ (чимтолӣ); хоки кӯҳҳо ва нишебиҳои онҳо даштӣ ва марғзору баландкӯҳ, ҷо-ҷо регзор аст. Аксари хокҳо серсанганд.
Дар водиҳо набототи даштӣ, дар кӯҳҳо ва доманаи онҳо дарахтони бед, арча, сафедор, буттаҳои ангат, зирк, бушол, настаран; дар баландии 2000--4000 м камол, юған, торон, ревоҷ (чукрӣ), куруш, фарк, курт, бодом, жағн, тӯс (буруҷ) ва ғайра мерӯянд. Дар водии Ванҷ дарахтони мевадор, аз қабили тут, зардолу, себ, чормағз хеле фаровонанд ва ҳосили хуб медиҳанд.
Аз ҳайвоноти ваҳшӣ паланг, хирс, гург, шағол, рӯбоҳ, оҳу, суғур, заргӯш, аз парандагон гунҷишк, ғулба, кабки реза, кабки дарӣ (ҳилол), кафтар, боз, ғалевоз, уқоб ва ғайра вомехӯранд.
=== Минтақабандии амудии эко-иқлимӣ ===
Бо сабаби тафовути шадиди баландӣ --- аз 1500 метр дар қисматҳои поёнии водӣ то беш аз 6000 метр дар қуллаҳо --- иқлими ноҳияи Ванҷ якранг нест, балки аз занҷираи пайдарпайи минтақаҳои эко-иқлимӣ иборат аст, ки ҳар кадоме шароити хоси гармову намнокӣ ва набототу ҳайвоноти мувофиқи худро доранд.
Дар баландии 1500--2000 метр, дар водиҳои Ванҷу Водхуд, иқлим гармтарину мусоидтарин аст; маҳз дар ҳамин минтақа, тавре ки дар боло зикр шуд, дарахтони меваовар --- тут, зардолу, себу чормағз --- ҳосили фаровон медиҳанд. Аз баландии 2000 то 4000 метр иқлим сардтар мешавад ва набототи дарахтии гармидӯст ҷои худро ба буттаву гиёҳҳои тобовар ба хушкии тобистона медиҳад; маҳз ҳамин минтақа, тибқи таҳқиқоти экологии барномаҳои ҷаҳонии ҳифзи табиати Осиёи Марказӣ, макони зисти намудҳои нодири эндемикӣ --- аз ҷумла гиёҳи \*Nepeta badachschanica\* ва шапараки нодири кӯҳӣ \*Parnassius autocrator\* --- маҳсуб мешавад.<ref name="iucn-centralasia22">[https://portals.iucn.org/library/sites/library/files/documents/2020-003-En.pdf World Heritage thematic study for Central Asia] (англ.) // IUCN Portals. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар баландии 4000--5500 метр, дар минтақаи тундраи кӯҳӣ ва марғзорҳои алпӣ, набототи дарахтӣ комилан аз байн меравад ва танҳо гиёҳҳои пастқад, ушна ва сангфаш (лишайник) боқӣ мемонанд; фаунаи ин минтақа --- аз ҷумла паланг, хирс, суғур ва кабки дарӣ (ҳилол) --- бештар дар фасли тобистон ба ин баландиҳо мебарояд ва бо фарорасии зимистон ба минтақаҳои поёнии гармтар муҳоҷирати амудӣ мекунад.<ref name="iucn-centralasia22" /> Ниҳоят, аз баландии 5500 метр боло, дар минтақаи нивалӣ-пиряхӣ, олами яхбандии доимӣ оғоз мешавад, ки ба иқлими қутбҳои Замин монандӣ дорад ва манбаи асосии ғизогирии пиряхҳои бузурги ноҳия, аз ҷумла лозури Ванҷях, ба шумор меравад.
=== Хатарҳои гидрометеорологӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ===
Иқлими шадидан қораии ноҳияи Ванҷ, ки бо боришоти пуршиддати баҳорӣ ва хушксолиҳои шадиди тобистона тавсиф мешавад, минтақаро ба яке аз осебпазиртарин ноҳияҳо аз лиҳози хатарҳои гидрометеорологӣ дар тамоми ҳавзаи рӯди Панҷ табдил додааст.<ref name="cif-pyanj-vuln22">[https://www.cif.org/sites/default/files/meeting-documents/tajikistan_pyanj_river_basin_climate_change_vulnerability_assessment_20130510_0.pdf Climate Change Vulnerability Assessment Republic of Tajikistan: Building Climate Resilience in the Pyanj River Basin] (англ.) // Climate Investment Funds (CIF). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ду омили асосии иқлимӣ сабабгори аксари сел ва обхезиҳо мебошанд. Аввал, вақте ки боришоти шадиди баҳорӣ бо баландшавии ногаҳонии ҳарорат ҳамроҳ мешавад, барфҳои нишебиҳои кӯҳӣ босуръат об шуда, заминро аз ҳад зиёд сернам мекунанд ва ба лағжиши қабатҳои замин ва фаромадани селҳои лойқадор оварда мерасонанд.<ref name="murodov202422" /> Дуюм, ҳангоме ки ҳарорати нимирӯзии тобистона ба атрофи +30 °C мерасад, суръати обшавии пиряхҳо ба ҳадди аксар расида, метавонад боиси обхезиҳои ногаҳонии кӯлҳои пиряхӣ гардад,<ref name="jsprav-vanch22" /> падидае, ки, тавре ки дар бахши [[Ноҳияи Ванҷ#Лозурҳо ва қуллаҳо|«Лозурҳо ва қуллаҳо»]] зикр гардид, дар мисоли лозури Хирс борҳо ба амал омадааст.
Тибқи арзёбии осебпазирии иқлимӣ, ки дар доираи лоиҳаи минтақавии «Ташаккули устувории иқлимӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ» анҷом дода шудааст, деҳаҳои ноҳияи Ванҷ, аз ҷумла дар ҷамоатҳои Водхуду Язғулом, дар қатори минтақаҳои дорои хатари миёна ва баланди зарар аз сел ва обхезӣ гурӯҳбандӣ шудаанд.<ref name="cif-pyanj-vuln22" /><ref name="adb-pyanj22">[https://www.adb.org/projects/45354-002/main 45354-002: Building Climate Resilience in the Pyanj River Basin] (англ.) // Asian Development Bank. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Барои коҳиш додани ин осебпазирӣ, дар доираи лоиҳаҳои байналмилалии мутобиқшавӣ ба иқлим, дар ҳудуди ҷамоати Водхуд корҳои мустаҳкамкунии соҳили рӯди Ванҷоб ва барқарорсозии лӯлаҳои оби полезӣ анҷом дода шудаанд, ки ҳадафи онҳо ҳифзи заминҳои кишоварзӣ аз сел ва кафолати таъминоти об дар давраҳои хушксолии шадид мебошад.<ref name="cif-pyanj-vuln22" /> Ин гуна тадбирҳои инфрасохторӣ, дар якҷоягӣ бо гузариш ба неруи барқи хурди обӣ (ниг. бахши [[Ноҳияи Ванҷ#Энергетика|«Энергетика»]]) ва вобастагии иқтисоди хонаводаҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ (ниг. бахши [[Ноҳияи Ванҷ#Муҳоҷирати меҳнатӣ|«Муҳоҷирати меҳнатӣ»]]), нишондиҳандаи равшани он мебошанд, ки иқлими шадиди кӯҳистонӣ на танҳо омили табиӣ, балки муайянкунандаи асосии тарзи зиндагӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ванҷ боқӣ мемонад.
== Таърих ==
Ванҷ таърихи чандинҳазорсола дорад, ки осори таърихии он то ҳол пойбарҷоянд, аммо касе аз донишмандони таърих ва бостоншиносони тоҷик ба пажӯҳиши ҷиддии ин ганҷинаи таърих домани ҳиммат барназадааст. Сағонаҳо ва дахмаҳои Ванҷ худ далели ошкори таърихи чандҳазорсолаи ин куҳанбуманд. Бо ин ҳама, таърихи навини водӣ дар осори муаррихони тоҷик --- мақолаи академик Раҳим Масов «Оид ба таърихи водии Ванҷ» ва китобҳои профессор Ҳайдаршо Пирумшоев --- мавриди баррасии махсус қарор гирифтааст.<ref name="masov199922">Масов Р. М. К истории Ванчской долины // Мероси ниёгон. --- Душанбе, 1999. --- № 4. --- С. 20--30.</ref><ref name="pirumshoev-web22" />
Сарнавишти таърихии Ванҷ аз дигар мавзеъҳои тоҷикнишини Бухорои Шарқӣ ва ғарби Бадахшон чандон фарқе надошт. Фоҷиаҳое, ки дар ин ё он гардиши таърихӣ, мисли ҳуҷуми муғулҳо, темуриён ва тозиши дигар қабилаҳои кӯчии туркнажод ва хунрезиҳои ваҳшиёна дар давраи парокандагии феодалӣ рух доданд, бар ин сарзамин бетаъсир набуданд. Тоҷиконе, ки зери таъқибу фишори аҷнабиён қарор гирифта буданд, барои ҳифзи ҷони худ ба тагнои ин дараҳои дастнорас, ба каронаҳои рӯдҳои кӯҳӣ паноҳ бурданд ва ба ҷойҳои дурдасте кӯчиданд, ки сокинони маҳаллӣ дар он солиёни дароз бо кӯшишу ранҷи сахт қитъаҳои хурди заминро барои кишт созгор мекарданд.
Далели мустақими мардумшиносии ин падидаи муҳоҷират аз ҷониби шарқшиноси рус А. А. Семёнов, ки соли 1898 дар доираи экспедитсияи расмии граф А. А. Бобринский ба кӯҳҳои Зарафшону Қаротегину Дарвоз сафар карда буд, сабт гардидааст:<blockquote>«Обитатели долины Ванджа говорили, что ихъ долина заселена недавно, лѣтъ сто тому назадъ, выходцами съ Хингоба. Это переселеніе, замѣтимъ, на Вандж съ Хингоба продолжается, вѣроятно, и до сихъ поръ: намъ здѣсь приходилось встрѣчать много туземцевъ, которые родились въ долинѣ Хингоба и недавно переселились на Ванджъ. Туземцы Дарваза по Пянджу передавали, что ихъ отцы заселили правый берегъ рѣки, когда лѣвый былъ занятъ, и пришли сюда изъ долины Хингоба, туда же переселились съ Ях-Су.»</blockquote>Тарҷума: «Сокинони водии Ванҷ мегуфтанд, ки водии онҳо начандон пеш, тахминан сад сол қабл, аз ҷониби муҳоҷирони аз Ҳингов омада маскун шудааст. Ин муҳоҷират, бояд қайд кард, аз Ҳингов ба Ванҷ, эҳтимол, то ба имрӯз низ идома дорад: мо дар ин ҷо бисёр сокинонеро вохӯрдем, ки худашон дар водии Ҳингов таваллуд шуда, ба наздикӣ ба Ванҷ кӯчида буданд. Сокинони бумии Дарвоз дар соҳили Панҷ нақл мекарданд, ки падарони онҳо соҳили рости дарёро --- вақте ки соҳили чап аллакай ишғол шуда буд --- маскун сохтаанд ва ба ин ҷо аз водии Ҳингов омада буданд, ки худ пеш аз он аз Ях-Су ба он ҷо кӯчида буд».<ref name="semenov1903-migration2">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 20.</ref> Ин маълумоти мардумшиносӣ, ҳарчанд бар асоси ривояти шифоҳии сокинон дар охири асри XIX сабт шуда ва набояд ҳамчун санади мутлақи таърихӣ пазируфта шавад, бо ин ҳама, бо тасвири умумии дар боло овардашуда --- ки водиро паноҳгоҳи гурезагони кӯҳистонӣ аз минтақаҳои гуногун меҳисобад --- ҳамоҳангии комил дорад. Дар бораи таърихи куҳантари Ванҷ ҳанӯз манбаъи мувассақе ба даст нарасидааст. Аммо аз таҳқиқоти донишмандони руси тоинқилобӣ ва муҳаққиқони аҳди шӯравӣ бармеояд, ки Ванҷ қариб то охири асрҳои миёна истиқлоли худро нигоҳ медошт. Ин назарро донишманди маъруф, мутахассиси таърихи Бухорои Шарқӣ ва Бадахшон Б. Искандаров чунин баён кардааст:<ref name="iskandarov22">Искандаров Б. И. Восточная Бухара и Памир во второй половине XIX в. Ч. 1--2. --- Душанбе, 1962--1963.</ref><blockquote>Аз мулкҳои қаламрави Дарвоз сокинони Ванҷ нисбатан мустақилияти воқеъиро соҳиб буданд. Ин ноҳияро кӯҳҳои баланд иҳота мекунанд ва он аз шоҳроҳи пайвандгоҳи мулкҳои кишвар дар канор, дар наздикиҳои доманаи лозури Федченко ҷой дорад. Аз ин ҷиҳат мулки номбурда барои аҷнабиён дастнорас буд. Ба ин нигоҳ накарда, хонҳои Қӯқанд дар охири асри XVIII -- ибтидои XIX борҳо барои ғасбу тобеъ намуданаш кӯшиш ба харҷ додаанд, вале ҳама талафоту харҷашон беҳуда анҷом ёфтааст.</blockquote>Ванҷ дар замони истилои муғулон ва салтанати Темуриён, Шайбониён ва Аштархониён ба таври расмӣ ҷузъи қаламрави онҳо шинохта мешуд, аммо амалан мустақил буд. Ин вазъиятро метавон дар замони ташаккули давлатдории Қӯқанд (авохири асри 18 -- нимаи якуми асри 19) низ мушоҳида кард. Мувофиқи маълумоти маъхазҳо, Ванҷ то замони эътироф кардани ҳукумати шоҳи Дарвоз Исмоил (1845--1863) истиқлоли худро нигоҳ дошт. Дар замони ҳукмронии шоҳони вопасини Дарвоз (1863--1877) Ванҷ бахше аз қаламрави он ҳисоб меёфт. Баъд аз пайвастани Ванҷ ба Дарвоз иқтидори ҳокимони Дарвоз афзоиши чашмгире дошт, зеро бо ҳамроҳ шудани паҳлавонони ҳузарби ванҷӣ ба сафи лашкари Исмоилшоҳ имконоти ҷангии ӯ бамаротиб афзуд.
Тибқи ривояти маҳаллӣ, ки муаррихон Р. Масов ва Ҳ. Пирумшоев дар асари бунёдии худ «Файзи истиқлол дар "Боми ҷаҳон"» сабт кардаанд, дар деҳаи Кулумбаи Боло то ба имрӯз нишонаҳои коркарди тилло боқӣ мондаанд, ки гӯё дар замони истилои муғулон навкарони Чингизхон мардуми маҳаллиро маҷбуран ба ин фаъолият сафарбар карда буданд.<ref name="masov-pirumshoev201122">Масов Р. М., Пирумшоев Ҳ. Файзи истиқлол дар «Боми ҷаҳон». --- Душанбе: Дониш, 2011. --- 412 с. --- ISBN 978-99947-2-004-0. --- С. 362--363.</ref> Ин ривоят нишон медиҳад, ки ҳарчанд қудратҳои бузург метавонистанд нуфузи худро ба таври муваққатӣ ва барои истихроҷи захираҳо таҳмил кунанд, онҳо ҳеҷ гоҳ натавонистанд назорати пурраи маъмуриро дар ин дараҳои маҳкам барқарор намоянд. Дар замони салтанати Темуриён низ, тибқи маълумоти муаррихи асримиёнагӣ Абдурраззоқи Самарқандӣ, агарчи минтақа расман дар итоати Темур буд, он аз ҷониби шоҳони маҳаллӣ идора мешуд ва ҳатто дар лашкари Темур ҳангоми муҳосираи Қалъаи Калот (соли 1381 милодӣ) дастаҳое аз сокинони Дарвозу Қаротегин хидмат мекарданд, ки гувоҳи иқтидори ҳарбии ин кӯҳистониён аст.<ref name="masov-pirumshoev201122" />
Дар охири асри XVIII ва нимаи якуми асри XIX хонҳои Қӯқанд якчанд маротиба кӯшиши тобеъ намудани Ванҷу Дарвозро ба харҷ доданд: дар замони салтанати Умархон (1810--1822) ва Мадалихон лашкаркашиҳои пайдарпай ба самти Қаротегину Дарвоз сурат гирифтанд; чунончи соли 1834 Мадалихон бо сарварии Машариф Атолиқ лашкари бузургеро барои саркӯб кардани шоҳзодагони фирории қӯқандӣ ба ин манотиқ фиристод, ки боиси даргириҳои шадид бо сипоҳиёни маҳаллӣ гардид.<ref name="mudabirzoda-diss22">Мудабирзода. Диссертатсия // Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш, 2025.</ref> Бо вуҷуди ин талошҳо ва хароҷоти зиёди ҳарбӣ, тавре ки дар боло аз қавли Искандаров зикр гардид, Ванҷ мустақилияти воқеии худро нигоҳ дошт.
Бо таваҷҷуҳ ба ин мавзӯъ, намояндаи расмии идораи Русия дар Туркистон Г. А. Арандаренко чунин қайд намудааст:<blockquote>Дар давраи Исмоилшоҳ ба дарвозиён фурсат даст дод, ки ҳокимияти худро на танҳо дар Қаротегин ва Шуғнон густариш диҳанд, балки аз Кӯлобу Ҳисор низ боҷ биситонанд, гарчи дар муддати на чандон тӯлонӣ ҳам бошад.</blockquote>Тибқи таҳқиқоти навтарин, Исмоилшоҳ дар авҷи иқтидори худ ба ин доираи васеъ ҳатто Рӯшонро низ тобеъ карда буд.<ref name="mudabirzoda-diss22" /> Вақте ки дар охирҳои солҳои 1860-ум ҳокимони Кӯлобу Ҳисор --- Сарахон ва Абдулкаримбий --- бо лашкари тахминан 50 ҳазор нафара ба муқобили ӯ бархостанд, Исмоилшоҳ бо дастгирии неруҳои содиқи худ, аз ҷумла паҳлавонони ванҷӣ, ба онҳо муқовимати шадид нишон дод.<ref name="mudabirzoda-diss22" />
Баъди ба Русия ҳамроҳ кардани Осиёи Миёна, амир Музаффар (1860--1885) бо дастгирии фармондори вилояти Туркистон манотиқи мустақиллу нимамустақилли Бухорои Шарқиро тасарруф кард ва нерӯҳои ҳарбии худро бо сарварии Худойназар (зимистони солҳои 1877--78) ба воситаи ағбаи Работ ба Қалъаи Хумб фиристод. Худойназар Қалъаи Хумбро ишғол кард, сипас ба самти Ванҷ ҳаракат намуд. Дар наздикии деҳаи Кеврон набарди сахте рӯй дод ва аскарони амир тавонистанд лашкари Дарвозро шикаст дода, таъқиби сарбозони боқимондаро идома диҳанд. Дастаи размандагони ихтиёрии Ванҷ ҳаракати сарбозони амирро дар назди Қалъаи Рохарв --- маркази Ванҷ боздоштанд. Баъди муҳосираи бенатиҷаи қалъа сарбозони амир ба Қалъаи Хумб баргаштанд. Ванҷ баъди тобеъ шудани шоҳии Дарвоз боз ду сол истиқлоли худро нигоҳ дошт. Дар давраи салтанати сулолаи манғитиён Ванҷ яке аз амлокдориҳои нисбатан бонуфузи бекии Дарвоз ба шумор мерафт.
Амлокдори Ванҷро «мир» ва ё «шоҳ» меномиданд, яъне мири Ванҷ ё шоҳи Ванҷ. Вижагии вазифаи мирӣ дар Ванҷ дар ин буд, ки номзадии мири Ванҷро бо машварат ва ройзании шахсиятҳои бонуфузи маҳаллӣ пешбарӣ мекарданд, сипас мири Дарвоз бар ӯ мувофиқат мекард ва аз амири Бухоро таъйиди ниҳойӣ дарёфт мешуд. Ҷамъ намудани андоз ва уҳдадориҳои феодалӣ ба зиммаи мир гузошта шуда буданд.
Муҳимтарин санади таърихӣ, ки сохтори деҳаҳо ва демографияи ин давраро тасдиқ мекунад, ҳуҷҷати барӯйхатгирии саросарии Аморати Бухоро дар соли 1914 мебошад. Тибқи ин санад, ки 6-уми моҳи рабиъу-с-сонии соли 1332-и ҳиҷрӣ (мутобиқ ба марти соли '''1914''') аз тарафи беки Дарвоз Абдусатторбек Бийи Додхоҳ бо муҳр тасдиқ шудааст, маркази амлокдории Ванҷ расман дар деҳаи Рохарв (макони Қалъаи Ванҷ) сабт гардидааст.<ref name="sssr-112sol22">[https://sssr.tj/vanj-va-yazgulom-112-sol-pesh-az-in/ Ванҷ ва Язгулом 112 сол пеш аз ин] // Газетаи мардумии СССР. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ин рӯйхати нодир нишон медиҳад, ки аксари мутлақи деҳаҳои имрӯзаи водӣ ҳанӯз сад сол қабл бо ҳамон номҳои таърихии худ вуҷуд доштанд ва қисми узвии сохтори маъмурии амлокдорӣ буданд.<ref name="sssr-112sol22" />
Сокинони водии Ванҷ Инқилоби Октябрро нисбатан хуб пазируфтанд, вале пас аз муддати кӯтоҳе муборизони маҳаллии муқовимат, аз пайравони Фузайл Махсум ва дигарон, ки бо номи «босмачиён» маъруфанд, чандин бор бо Артиши Сурх ва давлати шӯравии мустақарр дар Ванҷ даргир шуданд. Дар ин даргириҳо барои дифоъ аз ҳукумати шӯравӣ фидоиёни маҳаллӣ, мисли М. Давлатов, С. Раупов, Т. Шарифов, В. Эҳсонов, У. Меҳралишоев, Ҷ. Сафоев, Қ. Собиров ва дигарон ширкат доштанд.
Бино бар сарчашмаҳои таърихӣ, дар асрҳои миёна Ванҷ се ниҳиштаи маъдани оҳансанг дошт. Ҳанӯз дар оғози асри XX истихроҷи оҳан, гудохтани он ва оҳангарӣ яке аз пешаҳои асосии мардуми маҳаллии Ванҷ буд, ки бо ин пеша манотиқи муҷовирро бо оҳан ва афзоли хоҷагӣ, асбоби кишоварзӣ, корду шамшер ва дигар аслиҳа таъмин мекарданд.<ref name="kamoliddinov22">Камалиддинов Ш. С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX --- начала XIII вв. --- Ташкент: Ӯзбекистон, 1996.</ref> Ин касби мардумии ванҷиёнро шарқшиноси маъруф М. С. Андреев ҳанӯз соли '''1926''' дар рисолаи махсуси худ «Истеҳсоли оҳан дар водии Ванҷ» муфассал тавсиф кардааст.<ref name="andreev22">Андреев М. С. Выработка железа в долине Ванча (верховья Аму-Дарьи). --- Ташкент, 1926.</ref>
Тибқи маълумоти иловагӣ дар бораи ин ҳунари мардумӣ, гудозиши оҳан дар кӯраҳои махсуси заминӣ (домнитсаҳо), ки аз сангҳои тарошиданашуда ва гил сохта мешуданд, анҷом мепазируфт; оташро тавассути дампаҳои аз пӯсти буз сохташуда меафрӯхтанд ва ҳамчун сӯзишворӣ аз ангишти чӯб ва гиёҳи махсуси кӯҳии «пуш» истифода мекарданд.<ref name="khodorov-narhoz22">[https://istmat.org/files/uploads/43175/i.e.hodorov_tadzhikistan_v_narodnom_hozyaystve_sssr.pdf Ходоров И. Е. Таджикистан в народном хозяйстве СССР] (рус.) // Исторические материалы (istmat.org). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Як чунин кӯра тавоноӣ дошт, ки дар як шабонарӯз то 240 килограмм маъданро коркард намояд ва раванди пайвастаи гудозиш аз 2 то 5 шабонарӯз идома меёфт;<ref name="khodorov-narhoz22" /> маҳз ҳамин технологияи маҳаллӣ ба Ванҷ имкон медод, ки аз воридоти металл аз берун вобаста набошад ва артиши худро бо аслиҳаи сард таъмин карда, худкифоии ҳарбию иқтисодиро кафолат диҳад.
Ванҷ аз замони [[Сомониён]] то соли '''1877''' ҳукумате мустақил дошта, фармонравоёни онро шоҳ мехондаанд. Соли '''1878''' амири [[Бухоро]] ба Дарвоз лашкар кашид ва пас аз хиёнати баъзе дарвозиён ба Дарвоз муставлӣ шуд; Дарвозро бекигарӣ ва Қалъаи Хумбро қароргоҳи урдуи манғитиён гардонд. Дарвоз тайи солҳои 1878--1920 яке аз бекигариҳои Бухоро буд ва бек дар [[Қалъаи Хумб]] менишаст ва мир хонда мешуд. Бо вуҷуди ин ҳама, Ванҷ зоҳиран дар итоати бекигарӣ буд, вале истиқлоли худро нигаҳ дошт ва пои шуми сипоҳи манғитиён ба Ванҷзамин нарасид.
Соли '''1895''' бекигарии Дарвоз, ки дар ҳар ду канораи рӯди Панҷ қарор дошт, дар паи ҷаҳонгириҳои [[Русия]] ва [[Британияи Кабир|Британия]] дупора гардид: канораи рост ба аморати Бухоро ва канораи чап ба Афғонистон дода шуд.<ref name="postnikov22">Постников А. В. Схватка на «Крыше Мира»: политики, разведчики и географы в борьбе за Памир в XIX веке. --- М.: Памятники исторической мысли, 2001. --- 416 с. --- ISBN 5-88451-100-0.</ref>
Ванҷ то соли '''1920''' амлокдории Қалъаи Ванҷи бекигарии Дарвози аморати Бухоро буд. Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 Ванҷ аз соли 1920 то 1924 чун тумани Ванҷ дар ҳайати вилояти Ғарми Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро ҷой дошт. Солҳои 1925--1926 Ванҷ чун ҷузъи тумани Қалъаихумби вилояти Ғарми ҶМШС Тоҷикистон ҳисоб меёфт. Солҳои 1926--1930 волости Ванҷ дар ҳайати ВМКБ буд. Солҳои 1930--1933 Ванҷ чун қисми ҳудуди ноҳияи Қалъаихумб бевосита дар тобеъияти ҷумҳурӣ буд.
Тибқи Қарори Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон аз '''29 майи''' соли '''1933''', №46 расман ноҳияи Ванҷ таъсис ёфта, то соли 1937 дар тобеъияти '''бевоситаи ҷумҳурӣ қарор дошт. Дар асоси Қарори Президиуми''' КИМ-и Шӯроҳои ҶШС Тоҷикистон аз '''11 августи соли 1937''', №43 ноҳияи Ванҷ бо ҳамаи деҳшӯроҳояш: Ванҷ, Водхуд, Рованд, Техарв, Жовуд ва Язғулом расман ба ҳайати ҳудудии ВМКБ гузаронида шуд. Бино бар ин, ноҳияи Ванҷ ҳамчун воҳиди маъмурӣ дар ҳайати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 11 августи соли 1937 ташаккул ёфтааст.
{| class="wikitable"
|+Таҳаввулоти маъмурию ҳудудии Ванҷ (то соли 1878 --- соли 1937)
!Марҳилаи таърихӣ
!Мақоми маъмурию ҳудудӣ
!Тобеияти давлатӣ/минтақавӣ
|-
|То соли 1878
|Мухторияти комил / Иттиҳод бо Дарвоз
|Идоракунии мустақил таҳти сарварии шоҳ
|-
|1878--1920
|Амлокдории Қалъаи Ванҷ
|Бекигарии Дарвоз, Аморати Бухоро
|-
|1920--1924
|Тумани Ванҷ
|Вилояти Ғарми Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро
|-
|1925--1926
|Ҷузъи тумани Қалъаихумб
|Вилояти Ғарми ҶМШС Тоҷикистон
|-
|1926--1930
|Волости Ванҷ
|Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
|-
|1930--1933
|Қисми ноҳияи Қалъаихумб
|Тобеияти бевоситаи ҶШС Тоҷикистон
|-
|29 майи 1933
|Ноҳияи Ванҷ (таъсиси мустақил)
|Тобеияти бевоситаи ҶШС Тоҷикистон
|-
|11 августи 1937
|Ноҳияи Ванҷ бо 6 деҳшӯро
|Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ)
|}
Дар нимаи солҳои 1950-ум сиёсати муҳоҷиркунонии аҳолии кӯҳистон ба водиҳои пахтакор ба Ванҷ низ бетаъсир намонд: соли '''1954''' сокинони водии Язғулом ба ноҳияи Куйбишеви водии Вахш кӯчонида шуданд. Гармои тоқатфарсо, беморшавии оммавӣ ва фавти зиёди кӯдакон ин муҳоҷиратро барои кӯчидагон фоҷиабор гардонд ва бахши зиёди онҳо тадриҷан ба зодгоҳи худ баргаштанд, ҳарчанд на ҳама; як ҷамоаи язғуломизабон то имрӯз дар водии Вахш боқӣ мондааст.<ref name="edelman-iling22">[https://iling-ran.ru/web/ru/scipop/blog/1911_edelman Из полевых записей середины прошлого века. Об экспедициях в язгулямский язык в 1950-х гг.] (рус.) // Сомонаи Пажӯҳишгоҳи забоншиносии Академияи илмҳои Русия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fieldling22">[http://field-ling.moscow/c/language/yazghulami/ Язгулямский язык] (рус.) // Экспедиции Московской школы полевой лингвистики. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="vostokoriens22">[https://vostokoriens.ru/articles/2745/218564 Астрономические знания язгулемцев] (рус.) // Восток (Oriens). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон (солҳои '''1992'''--'''1997'''), ки байни ҳукумати марказӣ ва Иттиҳоди Оппозиюни Тоҷик ба вуқӯъ пайваст, ба вазъи умумии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ бетаъсир намонд: азбаски аксарияти сокинони исмоилимазҳаби вилоят --- бахусус дар ноҳияҳои Рӯшону Шуғнон --- паноҳгоҳ ва пуштибони қувваҳои мухолифи ҳукумат гардиданд, вилоят яке аз пойгоҳҳои асосии Иттиҳоди Оппозиюн ба шумор мерафт.<ref name="grokipedia-gbao222">[https://grokipedia.com/page/Gorno-Badakhshan Gorno-Badakhshan] (англ.) // Grokipedia. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар манобеи дастраси таърихӣ то кунун таъсири мушаххаси ин ҷанг бар ноҳияи Ванҷ --- ки, тавре дар боло зикр гардид, аз ҷиҳати мазҳабӣ бо аксари ноҳияҳои дигари вилоят фарқ дошта, суннимазҳаб аст --- ба таври алоҳида ва мустанад пажӯҳиш нашудааст. Дар маҷмуъ, ин ҷанг тайи панҷ сол тахминан 50 то 100 ҳазор кушта ва беш аз як миллион гурезаву овораро дар саросари Тоҷикистон ба бор овард, пеш аз он ки '''27 июни соли 1997''' дар Маскав Созишномаи умумӣ доир ба барқарор кардани сулҳ ва ризояти миллӣ миёни Президент Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари Иттиҳоди Оппозиюн Саид Абдулло Нурӣ ба имзо расид.<ref name="factsdetails-war222">[https://factsanddetails.com/central-asia/Tajikistan/sub8_6a/entry-4858.html Tajikistan Civil War] (англ.) // Facts and Details. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="enacademic-war222">[https://en-academic.com/dic.nsf/enwiki/896644 Civil war in Tajikistan] (англ.) // En-Academic. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Осори таърихӣ ==
Дар қаламрави Ванҷ мавзеъ, осор ва ёдгориҳои таърихии бисёр вуҷуд доранд, вале то ҳол таҳқиқоти шоистае дар ин росто анҷом наёфтааст. Тибқи омори соҳаи сайёҳии ВМКБ, дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ ба ҳолати соли 2024 15 ёдгории таърихию фарҳангӣ ба қайд гирифта шудааст.<ref name="ctd-monuments202422">[https://ctd.tj/2024/03/30/%D1%85%D0%B0%D0%B1%D0%B0%D1%80-%D0%B0%D0%B7-%D2%B7%D0%B0%D2%B3%D0%BE%D0%BD-%D0%B0%D0%B7-%D1%82%D0%B0%D0%B1%D0%B8%D0%B0%D1%82-%D0%B1%D0%B0-%D1%81%D0%B0%D0%BD%D1%8A%D0%B0%D1%82%D0%B8-%D0%B8%D0%BD/ Аз табиат ба санъати инсонӣ: 7 муъҷизаи нави ҷаҳонӣ номида шуд] // Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30 марти 2024. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Барои дарки мантиқи ҷойгиршавӣ ва моҳияти ин осор, бояд заминаи таърихию сиёсии ташаккули онҳоро дарк намуд. Бино бар маълумоти таърихномаҳои асримиёнагӣ, дар садаҳои VII--VIII қаламрави кунунии Ванҷ ҷузъи вилояти таърихии '''Кумед''' буд, ки болооби дарёи Вахшро фаро гирифта, сарзамини имрӯзаи ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ва шимоли Бадахшонро дар бар мегирифт.<ref name="tojikiston-tarikh22">[[Таърихи Тоҷикистон]] // Википедиа. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Баъдтар, дар асрҳои миёна, Ванҷу Дарвоз як сарзамини воҳидро ташкил дода, бо номи «Курон» ёд мешуданд, ки маркази он деҳаи кунунии Кеврон будааст.<ref name="vahdat-tarikhi-shahr222">[https://vahdat.tj/22-tarihi-shar.html Таърихи шаҳр] // Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Маҳз дар ин заминаи қадимии сиёсӣ, ки бо мустақилияти нисбии маҳаллӣ ва хатари доимии ҳуҷумҳои беруна тавсиф мешуд, эҳтиёҷ ба бунёди қалъаҳои мустаҳкам ба миён омад.
Қалъаи Ванҷ дар баландии соҳили рости Ванҷоб, дар масофаи 15 км аз резишгоҳи он ба дарёи Панҷ воқеъ гашта буд. Мавқеъияти ин қалъа аз нигоҳи ҳарбию стратегӣ бисёр созгор будааст ва ба муҳофизонаш имкон медодааст, ки муддати тӯлонӣ аз худ дифоъ кунанд. Тавсифи илмии Рохарв ва қалъаи онро ҳанӯз соли '''1916''' узви Ҷамъияти ҷуғрофии Русия Д. И. Мушкетов интишор додааст.<ref name="mushketov22" /> Дар мақолаи худ, ки натиҷаи боздиди шахсии ӯст, Мушкетов мавқеи стратегии Рохарвро чунин тавсиф кардааст:<blockquote>«Административнымъ центромъ Ванча всегда былъ и есть базарный кишлакъ Рохаръ (или Рохарвъ) въ 40 дворовъ, расположенный на правомъ берегу рѣки, въ двадцати верстахъ выше ея устья, на высотѣ 5.950 футъ, у моста, ведущаго къ перевалу Гушхонъ, запирая собой, слѣдовательно, единственный конный путь на Язгулемъ, Рошанъ и Памиръ. Это важное стратегическое положеніе и было использовано древними правителями Ванча --- «Шо», воздвигнувшими здѣсь крѣпость (Кала-и-Ванчъ) и избравшими ее для своей резиденціи.»</blockquote>Тарҷума: «Маркази маъмурии Ванҷ ҳамеша кишлоки бозории Рохар (ё Рохарв) буд ва то ҳол ҳамин аст --- бо 40 хонавода, дар соҳили рости дарё, дар бисту версти болотар аз резишгоҳи он, дар баландии 5950 фут, назди пуле, ки ба ағбаи Гушхон мебарад, ва бо ин васила ягона роҳи аспсаворро ба Язғулом, Рӯшон ва Помир мебандад. Маҳз ҳамин мавқеи муҳими стратегӣ буд, ки ҳокимони қадимии Ванҷ --- «Шоҳ»-ҳо --- истифода бурда, дар ин ҷо қалъа (Қалъаи Ванҷ) бино карданд ва онро барои қароргоҳи худ интихоб намуданд».<ref name="mushketov-rokhar">Мушкетов Д. И. Рохаръ (Кала-и-Ванчъ). --- Петроградъ: Типографія М. М. Стасюлевича, 1916. --- (Отдѣльный оттискъ изъ тома LII (1916 г.) Извѣстій Императорскаго Русскаго Географическаго Общества № 876). --- С. 7.</ref>
Мушкетов инчунин интихоби маҳалли қалъаро аз нигоҳи амниятӣ шарҳ додааст:<blockquote>«Мѣсто выбрано весьма хорошо и удобно, на возвышеніи, съ котораго открытый видъ во всѣ стороны, и долина Ванча, какъ на ладони; рѣка отъ стѣнъ крѣпости въ 3 саженяхъ, но для обезпеченности водоснабженія имѣлся къ ней подземный ходъ; невдалекѣ, на луговинѣ у рѣки, имѣется прудикъ, наполняемый ключемъ теплой, солоноватой воды, предоставляющій идеальное купанье.»</blockquote>Тарҷума: «Ҷой хеле хуб ва мувофиқ интихоб шудааст, дар баландие, ки аз он манзараи кушода ба ҳар тараф дида мешавад ва тамоми водии Ванҷ мисли кафи даст намоён аст; дарё аз деворҳои қалъа дар масофаи 3 саженӣ ҷой дорад, вале барои таъмини бехатари обтаъминкунӣ роҳи зеризаминӣ ба он вуҷуд дошт; дар наздикӣ, дар марғзори лаби дарё, ҳавзчае ҳаст, ки аз чашмаи оби гарму намакини он пур мешавад ва барои шиноварии беҳамто мувофиқ аст».<ref name="mushketov-rokhar" />
Дар бораи сохти худи қалъа Мушкетов навиштааст:<blockquote>«Постройка, конечно, глинобитная, но довольно массивная, со стѣнами до 4 саженей высотой, обнесенными съ трехъ сторонъ рвомъ, съ бойницами и пятью угловыми башнями. Внутреннія перегородки частью деревянныя, равно какъ и колонны, балки и двери, тонкой, старинной рѣзной работы.»</blockquote>Тарҷума: «Бино, албатта, гилинист, вале хеле мустаҳкам, бо деворҳое то 4 сажен баландӣ, ки аз се тараф бо хандақ иҳота шуда, дорои тирборон (бастионҳо) ва панҷ манораи кунҷӣ мебошад. Девордевораҳои дохилӣ қисман чӯбинанд, ҳамчунин сутунҳо, болорҳо ва дарҳо, ки аз кандакории нозуку қадимӣ иборатанд».<ref name="mushketov-rokhar" />
Мушкетов санаи боздиди худ ва оғози кашидани нақшаи қалъаро низ қайд кардааст: «Многое уже разрушено (мое посѣщеніе относится къ 11 іюля 1905 г.), но общее расположеніе еще сохранилось и я, пользуясь обстоятельными поясненіями почтеннаго шейха-токсабы Ванча, снялъ планъ всей крѣпости» (тарҷума: «Бисёр чиз аллакай хароб шудааст (боздиди ман ба 11 июли соли 1905 рост меояд), вале тартиби умумӣ то ҳол нигоҳ дошта шудааст ва ман, бо истифода аз тавзеҳоти муфассали шайх-тӯксабои эҳтиромноки Ванҷ, нақшаи тамоми қалъаро кашидам»).<ref name="mushketov-rokhar" />
Нақшаи қалъа, ки Мушкетов кашидааст, 27 ҳуҷраву қисми қалъаро бо рақам нишон медиҳад, ки шарҳи онҳо чунин аст:<ref name="mushketov-rokhar" />
* Ур-чулон
* Дарвозахона --- ҳуҷраи нигаҳбонону дарбонон
* Ҳуҷраи навкарҳо
* Бадарравхона --- ҳоҷатхона
* Долон --- ҳавлии аспҳо
* Ахтахона --- оғилхона, ва болои он анборхонаи алаф
* Пештоқ --- гузаргоҳи пӯшида
* Фаррошхона --- ҳуҷраи сайисон
* Пештоқи дуюм (баландии 3 сажен)
* Гулгунхона --- утоқи қабул
* Ҳуҷраи худи «Шоҳ»
* Қӯрғон --- казарма (харобшуда)
* Ғулом-гардиш --- долони мамониаткунандаи дидани занони дар боғ гардандагӣ
* Ош-хона --- ошхона
* Роҳрав --- долон
* Ғуломгард --- гузаргоҳ ба қисми занона
* Хазина --- ҳуҷраи хазинадорӣ
* Ҳаммом --- ҳаммом
* «Пештоқ»-и занона
* Ҳуҷраи зани «шоҳ» --- тобистона
* Ҳуҷраи зани «шоҳ» --- зимистона
* Тоб-хона --- манора
* Рӯйи ҳавлӣ --- ҳавлии пӯшида
* Ҳарам (харобшуда)
* Анборхона (болои ҳуҷраи 16)
* Манора --- ҳоло ҳуҷраи меҳмонон --- меҳмонхона
* Оғози роҳи зеризаминӣ ба сӯи дарё
Дар масофаи як версти болотари Рохар, дар канори роҳ, Мушкетов ду гӯри қадимиро низ ба қайд гирифтааст: «Въ верстѣ выше Рохара по долинѣ, около дороги, двѣ древнихъ гробницы съ фигурными стѣнами, имѣющими какое-то отношеніе къ крѣпости; интересно, что на могильномъ шестѣ, помимо обычныхъ куска матеріи и конскаго хвоста (на боковой перекладинѣ), сверху помѣщены изображенія сложенной руки (ладони) и голубя» (тарҷума: «Дар як версти болотар аз Рохар, дар паҳлӯи роҳ, ду гӯри қадимӣ бо деворҳои нақшдор ҳастанд, ки бо қалъа алоқаи муайяне доранд; ҷолиб ин аст, ки бар болои чӯби қабр, ба ғайр аз пораи матоъ ва думи асп (дар чӯби паҳлӯӣ)-и маъмулӣ, тасвири дасти гирдкардашуда (кафи даст) ва кабутар низ гузошта шудааст»).<ref name="mushketov-rokhar" />
Ба ғайр аз ин, Мушкетов дар поварақи худ ёдовар шудааст, ки ягона роҳи воридшавӣ ба водӣ аз тарафи Панҷ низ бо қалъаи хурди дигаре мустаҳкам карда шуда буд: «Этотъ единственный выходъ кромѣ того очень искусно былъ загражденъ небольшой крѣпостцей, остатки которой еще видны на изолированномъ холмѣ въ устьѣ Ванча» (тарҷума: «Ин ягона баромадгоҳ аст, илова бар ин, хеле моҳирона бо қалъачаи хурде масдуд шуда буд, ки бақоёи он то ҳанӯз дар теппаи ҷудоуфтодаи резишгоҳи Ванҷ ҳувайдоанд»).<ref name="mushketov-rokhar-fn">Мушкетов Д. И. Рохаръ (Кала-и-Ванчъ). --- Петроградъ, 1916. --- Тавзеҳот, №4.</ref>
Тибқи мушоҳидаи ӯ, қалъа бевосита дар масири корвонрав ба сӯи ағбаи Гушхон қарор дошт, ки тавассути он роҳи корвонӣ ба водии Язғулом ва аз он ҷо ба самти баландкӯҳҳои Помир мерасид.<ref name="poxod-vanch22">[https://poxod.ru/guidebook/darvaz/p_darvaz_dolinarekivagdm_a.html Долина реки Ванч] // Свободный туризм (poxod.ru). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Пеш аз он ки Мушкетов худ соли 1905 аз қалъа боздид кунад, тавсифи мухтасартаре аз он --- тахминан 13 сол пештар --- аллакай ба қалами А. А. Семёнов тааллуқ дошт, ки соли 1898 шахсан аз қалъа дидан кардааст:<blockquote>«Въ низовьи р. Ванджа лежитъ самый значительный кишлакъ долины, Кал'аи-Ванджъ, или Кал'аи-Рохарвъ (крѣпость Ванджа, крѣпость Рохарвъ). Укрѣпленіе въ немъ до сихъ поръ на обрывистомъ берегу довольно хорошо сохранилось. Стѣны крѣпости---мѣстами глинобитныя, мѣстами сложены изъ кирпичей и камней. По бокамъ лицевой стороны крѣпости---двѣ полуразрушенныхъ зубчатыхъ башни.»</blockquote>Тарҷума: «Дар поёноби рӯди Ванҷ бузургтарин кишлоки водӣ ҷойгир аст --- Қалъаи Ванҷ, ё Қалъаи Рохарв (қалъаи Ванҷ, қалъаи Рохарв). Истеҳкоми он то ба имрӯз дар соҳили баланди дарё нисбатан хуб нигоҳ дошта шудааст. Деворҳои қалъа ҷо-ҷо гилини, ҷо-ҷо аз хишту санг сохта шудаанд. Аз ду тарафи рӯи қалъа ду манора нимвайрони дандонадор қарор доранд».<ref name="semenov1903-p82">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 8.</ref> Муҳимтар аз ҳама, Семёнов санаи тахминии бунёди қалъа ва номи бинокори онро сабт кардааст --- маълумоте, ки то кунун дар ягон манбаи дигари дастраси мақола наомадааст:<blockquote>«Крѣпость, по преданію, была построена лѣтъ двѣсти тому назадъ дарвазскимъ ханомъ, Азиз-Ханомъ, и, вѣроятно, не разъ служила хорошую службу ея защитникамъ во времена независимаго Дарваза. Теперь въ ней живетъ амлякдаръ (начальникъ округа) долины Вандж.»</blockquote>Тарҷума: «Қалъа, тибқи ривоят, тахминан дусад сол пеш аз ҷониби хони дарвозӣ --- Азиз-Хон --- бино ёфтааст ва эҳтимол, борҳо ба муҳофизони худ дар давраи истиқлолияти Дарвоз хидмати шоиста кардааст. Ҳоло дар он амлокдор (сарвари ноҳия, яъне шоҳ)-и водии Ванҷ зиндагӣ мекунад».<ref name="semenov1903-p92">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 8--9.</ref> Азбаски китоб соли 1903 нашр шуда ва мушоҳидаи муаллиф соли 1898 сурат гирифтааст, ин ривоят санаи бунёди қалъаро тахминан ба солҳои 1698--1700 рабт медиҳад.
Семёнов инчунин ду навиштаи девории қалъаро айнан нусхабардорӣ кардааст: як байти форсӣ дар бораи гардиши бераҳмонаи рӯзгор, ва як ёдгории русии сайёҳони соли 1896 --- «Прибылъ разъѣздъ 25 числа августа за старшаго общивкй Яковъ. Черновъ. и джигить Николай Каплун и перевочикъ Ашурбай. 1896 года» (тарҷума: «Гурӯҳи саворагон 25 августи соли 1896 омаданд: сардор Яков Чернов, ҷигит Николай Каплун ва тарҷумон Ашурбой»).<ref name="semenov1903-p92" />
Гумон меравад, ки дар тамоми ҳавзаҳои Бадахшон сукунати одамон ба як давраи таърихӣ мансуб будааст. Ёдгориҳои манзилӣ ва меъмориву мудофеавии асримиёнагии ғарби Бадахшон, ки дар деҳаи Баравни ҷамоати деҳоти Водхуд воқеанд ва аз ҷиҳати амнияти ҳарбӣ бисёр муносибу побарҷоянд, бо камоли таассуф, то кунун таҳқиқи шоиста нашудаанд.
Нақшу нигораҳои рӯйи харсангҳои водии Язғулом, ки дар деҳаҳои Жамаг, Андарбоғ ва Мотравн ба даст омадаанд, агарчи ҳанӯз комилан омӯхта нашудаанд, гувоҳи муътамаде аз ҳузури мардум ва сукунати онон аз замонҳои бостонӣ дар ин минтақа ҳастанд. Дар байни ин сангнигораҳо, ки ба навъи умумии петроглифҳои Помиру Бадахшон шабоҳат доранд, тасвири нахчир (бузи кӯҳӣ бо шохҳои калон), саҳнаҳои шикор бо камон, рамзҳои офтобӣ (солярӣ) ва изи дасту пойи инсон бештар вомехӯранд; дар мифологияи мардумони эронитабор бузи кӯҳӣ рамзи покиву ҳосилхезӣ ва иртибот бо олами боло дониста мешавад.<ref name="ctd-monuments202422" />
Дар қаламрави Ванҷ, ба монанди дигар минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон, сағонаҳо ва дахмаҳои сангии куҳан низ аз насл ба насл боқӣ мондаанд, ки далели ошкори таърихи чандҳазорсолаи ин сарзамин мебошанд. Чунин иншооти дафнӣ, ки дар ҷойҳои махсуси сангӣ, дар баландиҳо ё ғорҳо бунёд меёфтанд, эҳтимолан боқимондаи анъанаҳои дафнии пешазисломӣ мебошанд; тибқи баъзе оинҳои қадими маҳаллӣ (аз ҷумла эътиқодоти наздик ба дини зардуштӣ), ҷасади фавтида набояд бо унсурҳои муқаддаси табиат --- хок, об ё оташ --- тамос мегирифт.<ref name="ctd-monuments202422" /> Ҳарчанд имрӯз тамоми аҳолии ноҳия мусулмони суннии ҳанафимазҳабанд ва расму оини дафни исломиро ба таври қатъӣ риоя мекунанд, мавҷудияти ин сағонаву дахмаҳо аз як давраи гузариши тӯлонии фарҳангӣ ва қабатҳои гуногуни динию эътиқодӣ дар минтақа хабар медиҳад.
Ёдгориҳои бостонии Помири Ғарбӣ, аз ҷумла мавзеъҳои қаламрави Ванҷ, дар силсилаи бунёдии «Харитаи бостоншиносии Тоҷикистон» --- муҷаллади марбут ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки бостоншинос М. А. Бубнова таълиф намудааст ва ёдгориҳои давраи сангро то садаи XX фаро мегирад, --- ба қайд гирифта шудаанд.<ref name="bubnova200822">Бубнова М. А. Горно-Бадахшанская автономная область. Западный Памир (памятники каменного века --- XX в.). --- Душанбе, 2008. --- (Археологическая карта Таджикистана).</ref>
Илова бар ёдгориҳои меъморӣ ва дафнӣ, мероси беназири саноатии Ванҷ --- боқимондаҳои кӯраҳои қадимии оҳангудозӣ (домнитсаҳо) --- низ бахши муҳими осори таърихии ноҳия ба шумор мераванд. Тибқи маълумоти иқтисоддон И. Е. Ходоров, ки соли 1929 таҳлилҳои М. С. Андреевро дар бораи ин ҳунар тасдиқ ва иқтибос овардааст, дар боварҳои мардумии ванҷиён металли ҳосили ин кӯраҳо на танҳо арзиши истеҳсолӣ, балки хосияти шифобахш низ дошт: маҳсули онро «барои табобати ҳар гуна бемориҳо пешбинӣ карда, ба ҷойи дардманд мегузоштанд».<ref name="khodorov-narhoz22" /> Ин боварҳо нишон медиҳанд, ки осори саноатии Ванҷ бо мероси ғайримоддӣ ва эътиқодоти мардумӣ пайванди зич доштааст, ва имрӯз боқимондаҳои ин кӯраҳо, харобаҳои коргоҳҳо ва партовҳои маъданӣ (шлакҳо) дар дараҳои Ванҷ метавонанд ҳамчун мавзеи нодири «бостоншиносии саноатӣ» мавриди пажӯҳиши минбаъда қарор гиранд.
Сарчашмаи аввалини сабти илмии ин ҳунар --- 23 сол пеш аз рисолаи Андреев (1926) --- низ ба Семёнов тааллуқ дорад:
«Богатыя залежи желѣзной руды въ верховьяхъ р. Ванджа даютъ горцамъ Ванджской долины неисчерпаемый матеріалъ для различнаго рода желѣзныхъ издѣлій, которыя удовлетворяютъ самымъ разнообразнымъ требованіямъ домашняго обихода горныхъ таджиковъ и потому расходятся изъ этой огромной кузницы, какова долина Ванджа, по всему Дарвазу, Каратегину и Язгуляну, проникая даже въ отдаленные и трудно достижимые уголки Рошана, Шугнана и Вахана.»
Тарҷума: «Захираҳои бойи маъдани оҳан дар болооби рӯди Ванҷ ба кӯҳистониёни водии Ванҷ маводи беохири намудҳои гуногуни маснуоти оҳанӣ медиҳанд, ки эҳтиёҷоти гуногуни рӯзгори тоҷикони кӯҳӣ қонеъ мегардонанд ва аз ин кӯрахонаи азим, яъне водии Ванҷ, ба тамоми Дарвозу Қаротегину Язғулом паҳн мешаванд, ҳатто ба гӯшаҳои дурдасту дастнораси Рӯшону Шуғнону Вахон низ ворид мегарданд».<ref name="semenov1903-p622">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 62.</ref>
Семёнов инчунин номи мушаххаси деҳаеро сабт кардааст, ки дар он раванди коркарди оҳанро шахсан мушоҳида намудааст: «Самый способъ добыванія желѣза намъ пришлось наблюдать во кишлакѣ Сытаргъ, на Ванджѣ» (тарҷума: «Худи усули истихроҷи оҳанро мо тавонистем дар кишлоки Сытарг, дар Ванҷ, мушоҳида кунем»).<ref name="semenov1903-p622" /> Ӯ ҳамчунин тавсифи мубодилаи тиҷоратии маснуоти оҳании Ванҷро бо минтақаҳои ҳамсоя овардааст: «Эти издѣлія находять большой сбыть на рынкахъ Кал\'аи-Хума и въ сосѣднихъ долинахъ: Язгуляна и Оби-Хингоу, причемъ продажа на деньги совершается очень рѣдко; обыкновенно вещи мѣняются на тѣ, которыя необходимы таджикамъ Ванджа» (тарҷума: «Ин маснуот дар бозорҳои Қалъаи Хум ва водиҳои ҳамсоя --- Язғулому Оби-Ҳингов --- фурӯши хубе меёбанд, вале фурӯш ба пул хеле кам сурат мегирад; одатан молҳо ба он чизҳое иваз мешаванд, ки барои тоҷикони Ванҷ зарур аст»).<ref name="semenov1903-p642">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 64.</ref>
== Мардум ==
Аксарияти аҳолии ноҳия тоҷиконанд; инчунин теъдоди ангуштшумори русҳо ва намояндагони халқҳои дигар низ зиндагӣ мекунанд. Аҳолии ноҳия аз рӯи диёнат мусулмони суннии ҳанафимазҳабанд.<ref name="vanchraion22" />
Бар асоси омори саршумории саросарии Иттиҳоди Шӯравӣ аз соли '''1939''', аҳолии Ванҷ 9218 нафар буд: 9031 нафарашон ванҷиёни бумӣ, 134 нафар --- рус, 6 нафар --- тотор, 5 нафар --- узбак ва 1 нафар --- қазоқ.<ref name="demoscope22">[https://www.demoscope.ru/weekly/ssp/ussr_nac_39_ra.php?reg=1166 Всесоюзная перепись населения 1939 года. Национальный состав населения районов, городов и крупных сёл союзных республик СССР: Ванчский район] (рус.) // Демоскоп Weekly. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Бино ба омори соли 1979 аҳолии Ванҷ 15 855 нафар ва тибқи омори 1992 --- 22 700 нафарро ташкил медод. Тибқи маълумоти расмӣ, соли '''2009''' дар ноҳия 30 700 нафар зиндагӣ мекард ва тамоми аҳолии он деҳотист.<ref name="badakhshon-vanj22" /> Тибқи омори соли '''2024''' аҳолии Ванҷ ба 35 400 нафар расид. Бар асоси муқоисаи ин ду омор метавон чунин натиҷагирӣ кард, ки тайи 85 сол суръати миёнаи афзоиши солонаи аҳолии Ванҷ тақрибан 1,6 % будааст. Мардуми водии Язғулом ҳиссаи назарраси аҳолии ноҳияро ташкил медиҳанд.
Азбаски беш аз 90 дарсади масоҳати умумии ноҳия (4430,5 км²)-ро пиряхҳо, қуллаҳои баландкӯҳ ва нишебиҳои санглохи корношоям фаро мегиранд, зичии расмии аҳолӣ (тақрибан 7,7--8 нафар дар як километри мураббаъ) манзараи воқеии ҷойгиршавии аҳолиро пурра инъикос намекунад --- амалан тамоми сокинон дар як рахи танги қад-қади дарёҳои Ванҷобу Язғулом мутамарказ шудаанд.<ref name="badakhshon-vanj22" /> Ин номутаносибии шадид миёни рушди табиии аҳолӣ ва маҳдудияти мутлақи заминҳои корам (соли 2012 ҳамагӣ 1381 гектар, баъдан бо азхудкунии заминҳои нав ба 2601 гектар расида)<ref name="badakhshon-vanj22" /> яке аз сабабҳои асосии муҳоҷирати меҳнатии ноҳия маҳсуб мешавад (ниг. бахши [[Ноҳияи Ванҷ#Муҳоҷирати меҳнатӣ|«Муҳоҷирати меҳнатӣ»]]).
{| class="wikitable" style="text-align:center"
|+Динамикаи шумораи аҳолӣ (ҳазор нафар), 1939--2013
!сол
!1939
!1979
!1992
!1995
!2000
!2002
!2003
!2004
!2005
!2006
!2007
!2008
!2009
!2011
!2012
!2013
|-
|шумора
|9,2
|15,9
|22,7
|28,4<ref name="masov-pirumshoev201122" />
|28,5<ref name="masov-pirumshoev201122" />
|28,3<ref name="masov-pirumshoev201122" />
|29,9<ref name="masov-pirumshoev201122" />
|30,1<ref name="masov-pirumshoev201122" />
|28,8<ref name="masov-pirumshoev201122" />
|30,3<ref name="masov-pirumshoev201122" />
|33,4<ref name="masov-pirumshoev201122" />
|29,7<ref name="masov-pirumshoev201122" />
|30,7<ref name="badakhshon-vanj22" />
|30,8
|31,1
|31,3
|}
{| class="wikitable" style="text-align:center"
|+Динамикаи шумораи аҳолӣ (ҳазор нафар), 2014--2024
!сол
!2014
!2015
!2016
!2017
!2018
!2019
!2020
!2021
!2022
!2023
!2024
|-
|шумора
|31,7
|31,9
|32,4
|32,9
|33,6<ref name="stat201922">Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2019 года. Сообщение Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан (рус.).</ref>
|34,1<ref name="stat201922" />
|34,4<ref name="stat202022">[https://web.archive.org/web/20210601101228/http:/stat.ww.tj/posts/July2020/macmua_20201.pdf Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2020 года] (рус.) // Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
|34,1
|34,4
|35,1
|35,4
|}
Барои солҳои 1995--2008 омори мазкур (арзиши «умумӣ», яъне аҳолии доимии сабтшуда) бар асоси таҳлили муфассали демографии Р. Масов ва Ҳ. Пирумшоев дар «Файзи истиқлол дар "Боми ҷаҳон"» (Душанбе, 2011, саҳ. 362--363) илова карда шуд. Барои солҳои 1992 ва 2009 бошад, бо мақсади нигоҳ доштани пайдарпаии рақамҳои аллакай сабтшуда аз сомонаи расмии badakhshon.tj, арзиши аслии қаблӣ боқӣ монд.
=== Фарҳанги моддӣ: либоси анъанавӣ ===
Дар шароити сарди кӯҳистони Ванҷу Бадахшон, дар гузашта истифодаи матоъҳои пашмину чармӣ бартарӣ дошт ва мероси бофандагии маҳаллӣ ба истеҳсоли матоъҳои худӣ бо рангҳои табиии гиёҳии кӯҳӣ асос меёфт.<ref name="sherdilova-diss22">[https://www.ddzt.tj/images/2022/10/diss%20sherdilova.pdf Таҳқиқоти этнолингвистии лексикаи гӯйиши тоҷикони водии Ғорон] // Диссертатсия. Санҷида шуд 24 июли 2026.</ref> Либоси занонаи суннатӣ асосан аз курта, эзор, пойафзол, сарбанд ва ороишоти гуногун иборат буд; таърихан ду намуди курта маъмул буд --- куртаи якқади камартангу доманвасеъ, ки пиразанон мепӯшиданд, ва куртаҳои камзулчадор бо гиребони буғак (уфуқӣ буридашуда бо зеҳгулу гулдӯзӣ), ки духтарону арӯсон ба бар мекарданд.<ref name="unesco-libos22">[[Либоси миллии тоҷикон]] // Википедиа. Санҷида шуд 24 июли 2026.</ref> Дар минтақаи Бадахшон, аз ҷумла Ванҷу Язғулом, унсурҳои хоси либоси кӯҳистонӣ --- тоқии мудаввар бо нақшҳои гулдӯзии дақику пӯпак ва ҷӯробҳои ғафси пашмин бо нақшҳои ҳандасии бисёрранг (нақши офтоб, шохи қӯчқор, чалипо ва ғайра) --- то имрӯз аҳамияти худро гум накардаанд.<ref name="unesco-libos22" />
=== Фарҳанги моддӣ: манзил ва хоҷагии деҳот (тибқи маълумоти асри XIX) ===
Тавсифи қадимтарини хусусиятҳои хоси манзилу хоҷагии Ванҷ ба А. А. Семёнов (1898) тааллуқ дорад. Ӯ анборчаҳои хоси болои сутунро ба қайд гирифтааст: «На Ванджѣ и мѣстами по Пянджу встрѣчаются подъ хижинъ еще небольшіе, съ плоскими крышами, амбарчики (амбаръ) для хлѣба и разнаго скарба... они воткнуты надъ землею на четырехъ (подъ углами) камняхъ или столбахъ» (тарҷума: «Дар Ванҷ ва ҷо-ҷо дар Панҷ, наздики хонаҳо анборчаҳои хурди боми ҳамвор (амбор) барои нону дигар молу ашё вомехӯранд... онҳо болои замин, бар чор санг ё сутуни канҷакӣ гузошта шудаанд»).<ref name="semenov1903-p342">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 34.</ref>
Дар бораи нақшу нигори деворҳои хонаҳои Ванҷ низ маълумот овардааст: «По Сурхобу и Хингобу, Ванджу и Пянджу на стѣнахъ многихъ хижинъ попадаются и орнаменты въ видѣ пятенъ, различныхъ безпорядочныхъ линій или же въ видѣ дѣтски намалеванныхъ фантастическихъ деревьевъ» (тарҷума: «Дар канори Сурхобу Ҳингов, Ванҷу Панҷ дар деворҳои бисёр хонаҳо нақшу нигор ба шакли доғ, хатҳои бетартиби гуногун ё дарахтони хаёлии кӯдакона кашидашуда вомехӯранд»).<ref name="semenov1903-p362">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 36.</ref>
Хонаи тобистонаи хоси Ванҷ («чолеб») низ дар ин асар қайд шудааст: «По Ванджу и отчасти на Пянджу, кромѣ описанныхъ зимнихъ помѣщеній, встрѣчаются еще спеціальныя лѣтнія жилища (чолѣбъ), чего нѣтъ нигдѣ въ прочихъ мѣстахъ» (тарҷума: «Дар Ванҷ ва қисман дар Панҷ, ба ғайр аз хонаҳои зимистонаи тавсифшуда, боз хонаҳои махсуси тобистона (чолеб) вомехӯранд, ки дар ҷойҳои дигар вуҷуд надоранд»).<ref name="semenov1903-p442">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 44.</ref>
Ниҳоят, Семёнов камбизоатии заминҳои Ванҷ ва такягоҳи мардум ба дарахти туг (мевадиҳандаи табиӣ)-ро тавсиф кардааст: «Мѣстами, какъ, напримѣръ, на Вахіо, на Ванджѣ и въ Дарвазъ по Пянджу, гдѣ природа бѣдна и преобладаетъ каменистая почва... существованіе населенія находится въ тѣсной зависимости отъ туга» (тарҷума: «Дар баъзе ҷойҳо, масалан дар Ваҳё, дар Ванҷ ва дар Дарвози канори Панҷ, ки табиат камбизоату хоки санглох бартарӣ дорад... мавҷудияти аҳолӣ ба туг вобастагии зич дорад»).<ref name="semenov1903-p562">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 56.</ref>
Дар ҳамин китоб, ду намунаи фолклори мардуми Ванҷ низ бори аввал сабт гардидаанд: масали «Инсон ва Мор» ва ҳикояи «Писари вазир», ки ҳарду аз забони як шахси мушаххас --- Сохибназар аз деҳаи Техарви болооби Ванҷ --- навишта шудаанд: «Записано со словъ Сохиб-Назара, изъ кишлака Техарвъ, въ верховьяхъ р. Ванджа въ Дарвазѣ» (тарҷума: «Аз забони Сохибназар, аз кишлоки Техарв, аз болооби рӯди Ванҷ дар Дарвоз, сабт шудааст»).<ref name="semenov1903-p992">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 99--100.</ref>
=== Расму оинҳои мотамӣ ===
Маросимҳои марбут ба давраҳои муҳими зиндагии инсон, аз ҷумла маросими мотаму дафн, дар Ванҷу Язғулом хусусиятҳои бениҳоят куҳан ва омехта аз эътиқодоти пешазисломию исломӣ (синкретӣ) то ба имрӯз нигоҳ доштаанд; ин расмҳо аз ҷониби мардумшиносони барҷаста, аз ҷумла М. С. Андреев, И. Л. Моногарова ва А. З. Розенфелд, мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд.<ref name="rasmu-oin-khovar22">[https://khovar.tj/2017/09/rasmu-oin-va-anana-o-dar-ruzgori-mardumi-to-ik-mav-ei-mu-im-dorand/ Расму оин ва анъанаҳо дар рӯзгори мардуми тоҷик мавқеи муҳим доранд] // АМИТ «Ховар», сентябри 2017. Санҷида шуд 24 июли 2026.</ref> Дар ҷаҳонбинии мардуми кӯҳистон марг на анҷоми мутлақ, балки гузариш ба дунёи дигар ва оғози сафари нави рӯҳ дониста мешавад. Аз ҷумла, агар марҳум ҷавон бошад, барои гусели ӯ тобути махсусе бо матоъҳои равшану рангоранг (на сиёҳ) омода мекунанд, ки бо номи «гаҳвораи ноз» маъруф аст --- ташбеҳи мустақими марг бо таваллуди дубора дар олами дигар, ки Розенфелд онро расми хеле куҳан ва боқимонда аз тасаввуроти бостонии мардуми ориёӣ арзёбӣ кардааст.<ref name="rasmu-oin-khovar22" />
=== Айлоқравӣ ва расму оинҳои кишоварзӣ ===
Иқтисодиёти суннатии мардуми Ванҷ ба ду унсури ба ҳам вобаста --- кишоварзӣ дар водиҳои танги поёнӣ ва чорводорӣ дар чарогоҳҳои баландкӯҳӣ --- такя мекунад. Ҳар сол дар аввали тобистон, вақте ки заминҳои поёнӣ барои кишти ғалла, картошка ва сабзавот истифода мешаванд, раванди муҳоҷирати мавсимии подаи чорво ба чарогоҳҳои тобистонаи баландкӯҳ, ки бо номи «айлоқ» маъруф аст, оғоз мегардад.<ref name="rasmu-oin-khovar22" /> Хусусияти ҷолиби ин кӯчиш дар он аст, ки қариб тамоми аҳли деҳа, бахусус занону кӯдакон, дар як рӯзи муайяншуда дастаҷамъӣ ба айлоқ мераванд, дар ҳоле ки қисме аз мардон дар деҳа мемонанд, то корҳои саҳроӣ ва обёрии заминро анҷом диҳанд.
Дар айлоқҳо занон тамоми тобистон машғули ҷӯшидани шир, тайёр кардани маска, равғани зард, дӯғу мосту тарфу ва қурут мешаванд.<ref name="rasmu-oin-khovar22" />
== Забон ==
Мардуми Ванҷ бо гӯиши ванҷии забони тоҷикӣ сухан мегӯянд. Дар водии Язғулом бошад, яке аз [[забонҳои помирӣ]] --- [[забони язғуломӣ]] роиҷ аст.
Лаҳҷаи ванҷии забони тоҷикӣ дар водии Ванҷ аз нимаи дуюми асри XIX густариш ёфта, забони бумии помириро, ки бо номи ванҷӣ маъруф буд, дар поёни ҳамин аср аз байн бурд. Забони ванҷӣ наздиктарин хеши забони язғуломӣ буда, ба гурӯҳи «шимолии» забонҳои помирӣ дар қатори язғуломӣ ва (эҳтимолан) саргуломӣ дохил мешуд. Мутахассисон аз байн рафтани онро ба охири асри XIX нисбат медиҳанд; мардумшиносон дар ибтидои асри XX аз ин забон танҳо чанд даҳ вожаро сабт карда тавонистаанд.<ref name="pamirlang222">[https://tapemark.narod.ru/les/363a.html Памирские языки] (рус.) // Лингвистический энциклопедический словарь. --- М.: Советская энциклопедия, 1990.</ref><ref name="bre-pamir222">[https://old.bigenc.ru/linguistics/text/2701306 Памирские языки] (рус.) // Большая российская энциклопедия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Лаҳҷаҳои ванҷии забони тоҷикӣ мавзӯи таҳқиқи бунёдии эроншиноси рус А. З. Розенфелд гардидаанд, ки соли '''1964''' дар Ленинград монографияи махсуси «Ванджские говоры таджикского языка»-ро дар ҳаҷми 151 саҳифа ба табъ расонидааст.<ref name="rozenfeld1964222">Розенфельд А. З. Ванджские говоры таджикского языка / ЛГУ им. А. А. Жданова. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- 151 с.</ref> Дар гуфтугӯи мардуми Ванҷ ҷӯйборҳои лозурӣ, ки деҳаҳо дар канораи онҳо бино ёфтаанд, «даргов» номида мешаванд; ба ақидаи Ҳ. Пирумшоев, ин вожа гунаи тағйирёфтаи ибораи «даргоҳи об» аст.<ref name="pirumshoev-web22" /> Аммо дуруст он аст, ки аслаш дарагоб/дараоб (обе ки аз дара меояд) аст, зеро дар форсии миёна "дара" "дараг" навишта ва талаффуз мешудааст.
Бархе донишмандони рус, монанди И. И. Зарубин, А. З. Розенфелд ва дигарон, назарияеро дар бораи вуҷуди куҳанзабони ванҷӣ (русӣ: старованджский язык) ироя кардаанд, ки тибқи он ин забон тақрибан дусад сол пеш аз байн рафта, гӯиши кунунии ванҷӣ ҷойгузинаш шудааст. И. И. Зарубин дар ин маврид мегӯяд:
Забони куҳнаи ванҷӣ дар водии Ванҷ (шохоби рости Панҷ) ва саргуломӣ дар болооби дарёи Саргулом, дар шарқи вилояти Файзободи Афғонистон ривоҷ дошт. Тақрибан дусад сол пеш лаҳҷаҳои тоҷикӣ ҷои онҳоро гирифтанд.
Забони язғуломӣ, ки дар шаш деҳаи ҷамоати Язғулом ба кор меравад, забони бехат аст ва шумораи гӯяндагонаш тақрибан 3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад; аксари язғуломиён дузабонаанд ва забони тоҷикиро низ медонанд.<ref name="yazgulyam-les222">[http://tapemark.narod.ru/les/604b.html Язгулямский язык] (рус.) // Лингвистический энциклопедический словарь. --- М.: Советская энциклопедия, 1990.</ref><ref name="bre-yazg222">[https://old.bigenc.ru/linguistics/text/4924529 Язгулямский язык] (рус.) // Большая российская энциклопедия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Таҳқиқи бунёдии ин забон ба қалами эроншиноси маъруф Д. И. Эделман тааллуқ дорад, ки соли '''1966''' дар Маскав монографияи «Забони язғуломӣ»-ро ба табъ расонидааст.<ref name="edelman222">Эдельман Д. И. Язгулямский язык. --- М.: Наука, 1966.</ref> Пас аз муҳоҷирати соли '''1954''' бахше аз язғуломизабонон дар ноҳияи Куйбишеви водии Вахш низ сокин шуданд ва забони язғуломӣ то кунун дар он ҷо низ ба кор меравад.<ref name="fieldling22" />
Дар «Атласи забонҳои дар хатар қарордоштаи ҷаҳон»-и ЮНЕСКО (таҳти таҳрири Кристофер Мозли, соли 2010), забони язғуломӣ ба зумраи забонҳои осебпазир (Vulnerable) дохил гардидааст.<ref name="unesco-atlas22">Moseley Chr. (ed.) Atlas of the World\\\'s Languages in Danger. --- 3rd ed. --- Paris: UNESCO Publishing, 2010.</ref> Тибқи ҳамин Атлас, аз 15 забони дар хатар қарордоштаи Осиёи Марказӣ, 11-тояш дар Тоҷикистон, бештараш дар ҳудуди ВМКБ, роиҷ аст.<ref name="ap-unesco201722">[https://old.asiaplustj.info/en/news/tajikistan/society/20170629/unesco-publishes-atlas-of-the-worlds-languages-in-danger UNESCO publishes atlas of the world\\\'s languages in danger] (англ.) // Тоҷикистон Ньюз Азия-Плюс, 29 июни 2017. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Пажӯҳиши ҷомеашиносии забонии Д. Пол, Э. Аббесс, К. Мюллер, К. Тиссен ва Г. Тиссен нишон медиҳад, ки муносибати сокинони водии Язғулом ба ҳарду забон --- язғуломӣ ва тоҷикӣ --- мусбат аст: забони модарӣ дар зиндагии рӯзмарра пурқувват боқӣ монда, ҳеҷ нишонае аз ҷойивазкунии он бо забони тоҷикӣ мушоҳида намешавад, ҳарчанд забони тоҷикиро низ дар баъзе ҳавзаҳо муфид медонанд.<ref name="paul201022">Paul D., Abbess E., Müller K., Tiessen C., Tiessen G. Language Access and Tajik Language Proficiency among the Yazghulami of Tajikistan. --- SIL International, 2010.</ref> Дар пойгоҳи байналмилалии таснифи забонҳо «Глоттолог» забони куҳани ванҷӣ бо рамзи «oldw1238» ва забони язғуломӣ бо рамзи «yazg1240» сабт шудаанд.<ref name="glottolog22">Glottolog 5.0, коди «oldw1238» (забони куҳани ванҷӣ) ва «yazg1240» (забони язғуломӣ).</ref>
== Бахшбандӣ ==
Бар асоси Қонуни тақсимоти маъмурию ҳудудии кишвар, ноҳияи Ванҷ аз 1 шаҳрак (Ванҷ) ва 6 [[ҷамоат]] иборат аст:<ref name="fehrist222">Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. --- Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013. --- 332 с.</ref>
{| class="wikitable"
|+Ҷамоатҳои ноҳияи Ванҷ
!Ҷамоат
!Аҳолӣ (нафар)
!Деҳаҳо
|-
|ба номи Маҳмадулло Абдуллоев
|10 983
|Бичхарв, Бодалд, Ускроғ, Роғ, Дашти Роғ, Панҷшанбеобод, Убари Даргов, Рохарв, Гушхун, Ғумаяк, Бовуд, Одешт, Ҷангали Зуго
|-
|Водхуд
|2178
|Пшихарв, Даштак, Лугад, Бунига, Узбай, Лахш, Баравн, Баравни Таг, Баравни Тор, Ваҳдат, Вравз
|-
|Ҷовидон
|4201
|Бунай, Рав, Жовуд, Потов, Арнавад, Убго
|-
|Рованд
|5573
|Ширговад, Ғиҷоваст, Мудеҳарв, Вишхарвак, Старғ, Ғӯмас, Мурғутга, Рованд, Гармчашма, Ван-Ван, Сунгад, Поймазор
|-
|Техарв
|3401
|Гич, Садвадг, Сед, Шаврӯ, Техарв, Чихох, Удоб, Равгада
|-
|Язғулом
|6065
|Мотравн, Вишхарв, Будун, Шавуд, Андарбоғ, Жамаг
|}
Дар санадҳои расмии солҳои охир ҷамоати марказии ноҳия бо номи «деҳоти Маҳмадулло Абдуллоев» зикр мегардад.<ref name="khovar-ubari222" />
== Хоҷагидорӣ ==
Соҳаҳои асосии хоҷагидории ноҳия ғаллакорӣ, чорводорӣ, боғдорӣ ва сабзавоткорист; дар замони шӯравӣ тамокукорӣ низ соҳаи асосӣ буд. Соли '''1939''' дар тамоми ВМКБ 123 колхоз мавҷуд буд, аз ҷумла дар Ванҷ 30 колхоз таъсис дода буданд.
Водии Водхуд аз қадим бо ҳосилхезии замин ва фаровонии тути худ ном баровардааст: захираи ғалла ва меваи хушки ин мавзеъ (тут, зардолу, себ) на танҳо сокинони маҳаллӣ, балки деҳоти камзамини ҳамсояро низ аз танқисӣ мераҳонд ва ибораи мардумии «тути Водхуд пухт, имсол ҳам ҷон ба саломат бурдем» аз ҳамин воқеият бармеояд.<ref name="pirumshoev-web22" />
Дар ноҳия 53 хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд аст. Майдони умумии заминҳои хоҷагӣ 14 417 гектар аст, аз ҷумла заминҳои корам --- 1381 гектар (2012), чарогоҳҳо --- 1219 гектар, боғҳо --- 734 гектар. Тибқи омори соли '''2012''' дар ноҳияи Ванҷ 2478 тонна ғалла, 1924 тонна гӯшт, 1 млн дона тухм, 3742 тонна шир, 157 тонна чормағз, 6353 тонна сабзавот ва 11 295 тонна картошка ба даст омад. Бар асоси омори соли '''2011''', шумораи чорво дар хоҷагиҳо чунин буд: гов --- 15 234 сар, гӯсфанду буз --- 32 498 сар.
Дар давоми даҳсолаи охир сохтори хоҷагидории ноҳия ба таври куллӣ дигаргун шуд: ба ҷои 53 хоҷагии деҳқонии соли 2012, имрӯз 14 ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ 120 хоҷагии инфиродиро бо фарогирии 3217 саҳмдор муттаҳид месозад.<ref name="jumhuriyat-kishovarzi22">[https://jumhuriyat.tj/6928-van-rushdi-soai-kishovarz-dar-noija.html Ванҷ. Рушди соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия] // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Майдони умумии заминҳои корам ба 2601 гектар расидааст, ки аз он бештар аз 1080 гектарро боғҳои мевадиҳанда ташкил медиҳанд; танҳо дар бист соли охир 282 гектар замини нав аз худ карда шудааст.<ref name="khovar-boghparvari202522">[https://khovar.tj/2025/11/dar-no-iyai-van-so-ai-bo-parvar-rushd-meyobad/ Дар ноҳияи Ванҷ соҳаи боғпарварӣ рушд меёбад] // АМИТ «Ховар», 18 ноябри 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Тибқи таҳлилҳои муқоисавӣ, дар зарфи се даҳсолаи охир истеҳсоли ғалладонагиҳо тақрибан 6 баробар, картошка 8 баробар, сабзавот 16 баробар ва мева 42 баробар афзудааст.<ref name="jumhuriyat-jashniistiqlol22">[https://jumhuriyat.tj/print:page,1,1536-van-ashni-istilol-mondagor-hoad-bud.html Ванҷ. Ҷашни истиқлол мондагор хоҳад буд] // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Танҳо то охири моҳи октябри соли 2025 аз боғоти ноҳия 2205 тонна меваи тару тозаву хушк ба бозорҳои хориҷӣ ва шаҳрҳои калони ҷумҳурӣ содирот гардид,<ref name="khovar-boghparvari202522" /> ва моҳи августи соли 2023 кишоварзони ноҳия дар ярмаркаи Боғи «Куруши Кабир»-и Душанбе зиёда аз 13 тонна маҳсулоти тару тоза ба сокинони пойтахт пешниҳод карданд.<ref name="khovar-namoishfurushi22">[https://khovar.tj/2023/08/namoish-fur-shi-ma-suloti-kishovarz-az-onibi-kishovarzoni-no-iyai-van-ma-suloti-mavridi-niyozi-avval-ba-sokinoni-dushanbe-peshni-od-gardid/ Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби кишоварзони ноҳияи Ванҷ] // АМИТ «Ховар», августи 2023. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Аз соли '''2009''', вақте ки дар ноҳия аввалин ду гармхонаи намунавӣ ба кор дароварда шуданд,<ref name="khovar-garmhona200922">[https://khovar.tj/2009/08/dar-van-1206-garmhona-1202-o-ba-kor-daromadand/ Дар Ванҷ гармхонаҳо ба кор даромаданд] // АМИТ «Ховар», августи 2009. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> технологияи гармхонагӣ дар қисматҳои поёнии ноҳия паҳн шудааст. Дар давраи охир, дар ҳамкорӣ бо мутахассисони минтақаи илмӣ-таҷрибавии «Ҷангали Зуго»-и Институти биологии Помир, соҳибкор Ҳайдар Фаёзов аз деҳаи Гишхун дар ноҳия парвариши озмоишии лимӯ ва дигар меваҳои ситрусиро оғоз кард --- навъе, ки то ҳол дар ВМКБ танҳо хоси баъзе минтақаҳои ноҳияи Дарвоз буд.<ref name="jumhuriyat-limu22">[https://jumhuriyat.tj/print:page,1,3033-van-avlavijat-ba-rushdi-limparvar.html Ванҷ. Авлавият ба рушди лимӯпарварӣ] // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Чорводорӣ ва занбӯриасалпарварӣ ===
Дар муқоиса бо давраи пеш аз истиқлол, дар ноҳия саршумори чорвои калону майда дар маҷмуъ 2 баробар, истеҳсоли гӯшт 4 баробар ва истеҳсоли тухм 31 баробар афзудааст.<ref name="jumhuriyat-jashniistiqlol22" /> Тибқи омори соли 2023, саршумори чорвои калони шохдор ба 17 135 сар (нисбат ба 15 234 сар дар соли 2011) ва моли майда (гӯсфанду буз) ба 41 000 сар (нисбат ба 32 498 сар) расидааст; ҳамчунин дар хоҷагиҳои ноҳия 41 350 сари парранда ва 1082 оилаи занбӯри асал ба қайд гирифта шудааст.<ref name="jumhuriyat-jashniistiqlol22" /><ref name="jumhuriyat-kishovarzi22" /> Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди занбӯриасалпарвариро яке аз воситаҳои пасткунандаи камбизоатӣ ва таъминкунандаи шуғли деҳот муайян кардааст.
Сарватҳои зеризаминии ноҳия: пахтасанги кӯҳӣ (асбест), молибден, мармар ва ғайра; инчунин конҳои никел, оҳансанг ва оҳак мавҷуданд.
=== Муҳоҷирати меҳнатӣ ===
Мисли аксари минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон, иқтисодиёти хонаводаҳои Ванҷ ба таври назаррас аз муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳаволапулиҳо вобаста аст. Тибқи арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ аз моҳи ноябри соли '''2025''', ҳаволапулиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ беш аз 30 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд ва, гарчанде вобастагӣ ба ин маблағҳо сатҳи камбизоатиро коҳиш додааст, нобаробарии даромад (нишондиҳандаи Гини) аз 32 то 38 дар байни солҳои 2021 ва 2023 афзудааст; ВМКБ дар қатори минтақаҳое зикр шудааст, ки бо маҳдудиятҳои шадиди ҷуғрофиву иқлимӣ рӯбарӯянд.<ref name="wb2025poverty22">[https://www.worldbank.org/en/country/tajikistan/publication/poverty-and-equity-assessment Tajikistan Poverty and Equity Assessment] (англ.) // Бонки Ҷаҳонӣ, ноябри 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Пажӯҳиши умумимиллии соҳаи тандурустӣ доир ба муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон нишон додааст, ки дар байни панҷ минтақаи кишвар (Душанбе, ВМКБ, Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ), ҳиссаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар аҳолии ВМКБ (49,59 фоиз аз намунаи пажӯҳишӣ) назар ба дигар минтақаҳо (камтар аз 32 фоиз) хеле баландтар будааст.<ref name="hiv-migrants22">[https://www.ncbi.nlm.nih.gov/pmc/articles/PMC11679146/ Inclusion of Labor Migrants as a Potential Key Population for HIV: A Nationwide Study from Tajikistan] (англ.) // PMC/NCBI. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар маҷмуи умумимиллӣ, беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон ҳарсола барои кор ба Русия мераванд; ҳаволапулиҳо дар соли 2013 қариб нисфи маҷмуи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медоданд, ки то соли 2018 ба тақрибан 30 фоиз (2,2 миллиард доллари ИМА) коҳиш ёфт.<ref name="mpi202222">[https://www.migrationpolicy.org/article/dependent-remittances-tajikistan-prospects-dim-economic-growth Dependent on Remittances, Tajikistan\\\'s Long-Term Prospects for Economic Growth and Poverty Reduction Remain Dim] (англ.) // Migration Policy Institute. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Саноат ===
Дар ноҳия корхонаҳои хурди саноатӣ --- сехи чӯҷабарорӣ, заводи хишти «Лугад», ҶДММ «Хрустал» --- фаъолият доранд. Дар Ванҷ бозорҳои марказӣ ва марзӣ низ амал мекунанд.
'''25 июни соли 2025''' дар ноҳия корхонаи истеҳсоли калсит, коркарди мармар ва сангҳои ороишии ҶСК «Мармар Стоун» ба кор шурӯъ кард, ки иқтидори солонаи он 40 ҳазор тонна маҳсулот буда, 40 сокини маҳаллиро бо ҷои кори доимӣ таъмин намудааст. Корхона чор хатти истеҳсолӣ дорад ва дар он беш аз 20 навъи санги табиӣ коркард мешавад; иқтидори истеҳсоли тахтасангҳои ороишӣ (мозаика) 10 ҳазор м³ ва коркарди санги мармар 160 ҳазор м³ дар як солро ташкил медиҳад.<ref name="ap202522">[https://asiaplus.news/tg/2025/06/25/safari-emomal%d3%a3-ra%d2%b3mon-ba-vmkb-az-van%d2%b7-o%d2%93oz-shud-prezident-dar-in-no%d2%b3iya-kadom-inshootro-ba-istifoda-dod/ Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ аз Ванҷ оғоз шуд. Президент дар ин ноҳия кадом иншоотро ба истифода дод?] // Asia-Plus, 25 июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="pt51272222">[https://prezident.tj/event/news/51272 Ифтитоҳи корхонаҳои истеҳсоли калсит, коркарди мармар ва сангҳои ороишии ҶСК «Мармар Стоун» дар ноҳияи Ванҷ] // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
Дар ҳамон рӯз Парки саноатии ноҳия мавриди истифода қарор гирифт, ки дар масоҳати 788 м² ҷойгир буда, 6 корхонаи хурди истеҳсолиро фаро мегирад: истеҳсоли макарон, бандубасти маҳсулоти лӯбиёгӣ, коркарди равғани чормағз, коркард ва бандубасти меваи хушк, истеҳсоли собун ва дару тирезаҳои пластикӣ. Фаъолияти парк дар маҷмуъ 36 сокини маҳаллиро бо кор таъмин мекунад.<ref name="ap202522" /><ref name="pt51284222">[https://prezident.tj/event/news/51284 Ифтитоҳи Парки саноатии ноҳияи Ванҷ] // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
Дар доираи ҳамин парк, инчунин корхонаи коркарди равғани ангат (Hippophae rhamnoides) --- растании шифобахши худрӯй, ки дар қад-қади дарёҳои ноҳия фаровон мерӯяд --- ба кор шурӯъ кардааст; иқтидори он то 500 килограмм равғани холис дар як сол буда, аз ин ашё то 12 навъи маҳсулоти фармасевтию косметологӣ омода карда мешавад.<ref name="ctd-marmarstone22">[https://ctd.tj/2025/06/25/%D0%BF%D1%80%D0%B5%D0%B7%D0%B8%D0%B4%D0%B5%D0%BD%D1%82%D0%B8-%D2%B7%D1%83%D0%BC%D2%B3%D1%83%D1%80%D0%B8%D0%B8-%D1%82%D0%BE%D2%B7%D0%B8%D0%BA%D0%B8%D1%81%D1%82%D0%BE%D0%BD-%D1%8D%D0%BC%D0%BE%D0%BC-95/ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ] // Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ, июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Пеш аз таъсиси ин корхона, дар деҳаи Ғуҷоваст соҳибкорзан Васила Ғафурова коргоҳи хурди коркарди ангатро таъсис дода буд, ки маводи он берун аз ноҳия низ харидор пайдо кардааст.<ref name="ap202522" /> Барои дастгирии соҳибкории хурду миёна дар солҳои 2018--2019 ба соҳибкорони ноҳия зиёда аз 6,5 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шудааст.<ref name="president-domestic1673922">[https://www.president.tj/event/domestic_trips/16739 Сафарҳои дохилӣ] // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Энергетика ===
Дар Ванҷ чандин неругоҳи хурди барқи обӣ (НБО) фаъолият мекунад. Аз ҷумла, НБО-и «Техарв» дар дарёи Ванҷ бо иқтидори 400 кВт таҷдид гардида, ба шабакаи ягонаи барқи кишвар пайваст карда шудааст; НБО-и «Андарбак» дар водии Язғулом ба шабакаи ширкати «Помир Энерҷӣ» пайваст аст.<ref name="techarv222">[http://www.cawater-info.net/best-practices/ru/base/marker/21 Реконструкция МГЭС Техарв на реке Ванч мощностью 400 кВт в Ванчском районе Горно-Бадахшанской автономной области] (рус.) // CAWater-Info. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Таҳлилҳои соли 2021 нишон дода буданд, ки шабакаҳои барқии ноҳия ҳамагӣ 2,6 мегаватт барқ истеҳсол мекунанд, дар ҳоле ки барои фаъолияти пуриқтидори корхонаҳои нави саноати кӯҳӣ (ба мисли «Мармар Стоун») беш аз 5,6 мегаватт лозим буд.<ref name="khovar-31081222">[https://khovar.tj/2021/07/310812/ Имсол дар Ванҷ дар 15 гектар боғи нав бунёд карда шуд] // АМИТ «Ховар», июли 2021. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Моҳи '''июни соли 2025''' хатти интиқоли барқи дузанҷираи 35 ва 110-киловолтаи Хоруғ--Рӯшон бо дарозии 67,5 км ва зеристгоҳи «Ҷангал» ба маблағи умумии 114 миллион сомонӣ ба истифода дода шуд, ки интиқоли муназзами неруи барқро ба ноҳияҳои Рӯшон, Ванҷ ва Дарвоз ба маротиб беҳтар мегардонад; ҳамзамон сохтмони хатти 42-километраи интиқоли барқи 110-киловолта аз маркази ноҳияи Рӯшон то зеристгоҳи «Вознавд» оғоз ёфт, ки ба истифода додани он дар нимсолаи аввали соли 2026 пешбинӣ шудааст.<ref name="khovar-speech2025222">[https://khovar.tj/2025/06/suhanronii-prezidenti-um-urii-to-ikiston-peshvoi-millat-emomal-ra-mon-dar-mulo-ot-bo-ro-baron-va-faoloni-viloyati-muhtori-k-istoni-badahshon/ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон] // АМИТ «Ховар», июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Нақлиёт ===
Нақлиёти ноҳия асосан автомобилист; як фурудгоҳи хурд ҳам дар шаҳраки Ванҷ (Рохарв) вуҷуд дорад. Қаламрави ғарбии ноҳия дар масири шоҳроҳи байналмилалии Душанбе--Кӯлоб--Дарвоз--Хоруғ--Мурғоб--Қулма қарор дорад; лоиҳаи таъмиру таҷдиди қитъаи ин шоҳроҳ аз Қалъаихумб то Ванҷ ва сарҳади ноҳияи Рӯшон арзиши умумии 2,5 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки то имрӯз корҳо ба маблағи 900 миллион сомонӣ анҷом ёфтаанд.<ref name="president-node2360022">[https://president.tj/node/23600 Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ванҷ] // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> '''25''' июни соли 2025 '''роҳи мошингарди маркази ноҳия то нуқтаи пайвастшавӣ ба''' ин шоҳроҳ, иборат аз ду хатти ҳаракат бо дарозии умумии 16 км, пас аз таҷдид ба истифода дода шуд; дар дарозои роҳ истгоҳҳои нақлиётӣ ва гузаргоҳҳо барои пиёдагардон бунёд гардидаанд.<ref name="ap202522" /><ref name="pt51268222">[https://prezident.tj/event/news/51268 Ифтитоҳи роҳи маркази ноҳияи Ванҷ то нуқтаи пайвастшавӣ ба шоҳроҳи Душанбе--Кулма] // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
'''23 июни соли 2025''' ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» пас аз ёздаҳ соли танаффус (парвози охирин соли '''2014''' сурат гирифта буд) хатсайри ҳавоии Душанбе--Ванҷ--Душанберо аз нав кушод: парвози нахустин бо 15 мусофир анҷом ёфт. Парвоз дар ин масир 50 дақиқа тӯл кашида, тибқи ҷадвал ҳафтае як маротиба, рӯзҳои ҷумъа, бо ҳавопаймои Ан-28 иҷро мешавад ва нархи чипта дар як самт 750 сомонӣ муайян гардидааст.<ref name="ap-flight-start222">[https://asiaplustj.info/tj/node/350087 Оғози парвози ҳавопаймоӣ миёни Душанбе ва Ванҷ. Аввалин парвоз кай ва нархи чипта чанд аст?] // Asia-Plus, июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="ap-flight-first222">[https://asiaplustj.info/tj/node/350121 Пас аз 11 сол. Аввалин парвози ҳавопаймо дар масири Душанбе-Ванҷ-Душанбе анҷом ёфт] // Asia-Plus, 23 июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» (қабулшуда '''28 июни соли''' 2024'''),''' 24 '''феврали соли 2026''' дар шафати роҳҳои мошингарди ноҳияи Ванҷ беш аз 2000 '''бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва сояафкану''' мевадиҳанда шинонида шуд.<ref name="khovar-trees202622">[https://khovar.tj/2026/02/daraht-binshon-dar-shafati-ro-oi-moshingardi-van-besh-az-2000-beh-ni-ol-shinonida-shud/ ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳҳои мошингарди Ванҷ беш аз 2000 бех ниҳол шинонида шуд] // АМИТ «Ховар», 24 феврали 2026. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Фарҳангу маориф ==
Пеш аз инқилоб аҳолии маҳаллии Ванҷ дар масҷидҳо ва хонаҳои муллоён хатту савод меомӯхтанд ва на ҳама ақшори мардум фурсат ва имкони саводомӯзӣ доштанд. Аз ин рӯ нисбати саводнокӣ дар миёни онҳо хеле паст буд ва ба сахтӣ метавонист ба 3--10 % бирасад. Саводомӯзии саросарии аҳолиро ҳукумати шӯравӣ ба роҳ монд.
Соли '''1926''' нахустин мактаб дар минтақа фаъолияти худро оғоз намуд: дар он танҳо 1 муаллим --- Одил Боқиев (аз деҳаи Чихох) кор мекард ва 25 талаба дар он ҷо дарс меомӯхтанд. Соли 1930 шумораи муаллимон ба 7 нафар расид. Дар авохири даҳаи 30-юми асри XX тақрибан дар ҳамаи маҳалҳои сераҳолии деҳшӯроҳои Ванҷ мактабҳои ибтидоӣ таъсис ёфтанд, ки бештари бачагону наврасон дар онҳо таҳсил мекарданд.
Тобистони соли '''1941''' (дар арафаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ) дастгоҳи кинонамоишдиҳӣ дар Ванҷ сохта, ба марҳалаи истифода расид. Соли 1941 дар вилоят 41 китобхона вуҷуд дошт, аз ҷумла китобхонаи ноҳиявӣ дар маркази Ванҷ ва 12 чойхонаи сурх. Дар аввали моҳи апрели соли 1930 дар яке аз деҳаҳои баландкӯҳи водии Ванҷ --- Рованд нахустин маҷлиси ҷавонон баргузор шуд.
Дар соли таҳсилии 2011--2012 дар ноҳияи Ванҷ 50 мактаб, аз ҷумла 23 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 4 мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, 13 мактаби ибтидоӣ, мактаб-интернат ва муассисаи томактабӣ вуҷуд дошт. Дар ҳамин сол дар мактабҳои ноҳия 7437 талаба таҳсил мекард, ки ба онҳо 928 муаллими соҳибмаълумоти олӣ дарс медоданд.
'''25 июни соли 2025''' дар деҳаҳои Мотравн, Будун, Вишхарв, Жамаг, Бунай, Техарв ва Ғиҷовасти ноҳия 7 кӯдакистони нав ифтитоҳ гардид: чор кӯдакистон аз ҳисоби буҷети маҳаллии вилоят ва се кӯдакистони дигар аз ҳисоби сокинони деҳаҳо тариқи ҳашар сохта шудаанд. Ин муассисаҳо аз 20 синфхона иборат буда, барои 380 тарбиятгиранда пешбинӣ шудаанд ва дар онҳо 34 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.<ref name="ap202522" /><ref name="pt51280222">[https://prezident.tj/event/news/51280 Ифтитоҳи 7 кӯдакистон дар ноҳияи Ванҷ] // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
Дар Ванҷ 45 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 1 театр, 13 клуб, 2 автоклуб, 5 хонаи фарҳанг, 25 китобхона бо фонди 114 960 нусха китоб фаъолият мекунад. Рӯзномаи ноҳиявӣ бо номи «Ватан» нашр мешавад.
== Тиб ==
Соли '''1939''' дар Ванҷ маркази тиббӣ ва бемористоне барои 10 кат сохта шуда буд. Ин иттифоқ дар канори душвориҳои азиме ба вуҷуд омад: то оғози асри XX дар водӣ тибби илмӣ вуҷуд надошт ва сокинон танҳо ба гиёҳдармонӣ ва дуохонӣ такя мекарданд, ки боиси сатҳи баланди фавти модарону кӯдакон мегардид.<ref name="sssr-112sol22" /> Тибқи як таҳқиқи диссертатсионӣ, гузариш ба тибби муосир бо муқовимати шадид ҳамроҳ буд: соли '''1929''' табиби рус Спажев, ки барои расонидани кумаки аввалияи тиббӣ ба Ванҷ фиристода шуда буд, аз ҷониби дастаҳои босмачӣ ба қатл расонида шуд --- ҳодисае, ки соли 1931 бо қатли табиб Олхов дар ноҳияи ҳамҷавори Қалъаихумб такрор ёфт.<ref name="btsu-dissertation22">Диссертатсия // Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ.</ref> Муҳоҷирати маҷбурии соли 1954-и сокинони водии Язғулом ба водии гарми Вахш низ оқибатҳои вазнини беҳдоштӣ --- бемории оммавӣ ва фавти зиёди кӯдакон --- ба бор овард, ки яке аз сабабҳои бозгашти тадриҷии як қисми муҳоҷирон ба зодгоҳашон гардид.<ref name="sssr-112sol22" />
Ҳоло дар ноҳия як беморхонаи марказӣ (дар шаҳраки Рохарв, дорои 6 шуъбаи бистарикунонӣ), як беморхонаи минтақавӣ дар водии Язғулом, 22 бунгоҳи тиббӣ, маркази назорати беҳдоштӣ (санитарию эпидемиологӣ) ва 4 дорухона фаъолият доранд. Тибқи маълумоти соли 2023, ба ин шабака 57 310 нафар бемор муроҷиат кардааст --- ба ҳисоби миёна беш аз 1,6 маротиба барои ҳар сокини ноҳия дар як сол.<ref name="jumhuriyat-tandurusti22">[https://jumhuriyat.tj/2991-van-roandozii-tadbiro-dar-samti-tandurust-va-ifzi-itimo.html Ванҷ. Роҳандозии тадбирҳо дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ] // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар сохтори марказии шабака 47 духтури дорои маълумоти олӣ ва 193 корманди миёнаи тиббӣ кор мекунанд; рақами 369 нафар пизишки дорои маълумоти олӣ, ки дар маъхазҳои умумӣ оид ба ноҳия зикр мешавад, эҳтимол тамоми мутахассисони тиббии ҳудуди ноҳияро --- аз ҷумла дорухонаҳо, СЭС ва муассисаҳои хусусиро --- дар бар мегирад.<ref name="jumhuriyat-tandurusti22" />
Дар водии дурдасти Язғулом, ки пеш аз истиқлол мардум маҷбур буданд беморони вазнинро тавассути чорвои борбар ба масофаҳои дур интиқол диҳанд, имрӯз як дармонгоҳи минтақавӣ, ду маркази саломатӣ, се бунгоҳи тиббӣ дар деҳаҳои дурдаст ва як таваллудхонаи махсусгардонидашуда фаъолият доранд.<ref name="jumhuriyat-tandurusti22" /> Дар деҳаи Гармчашмаи ҷамоати Рованд, наздики лозури Ванҷях, як маркази саломатии муосир бо ҳамкории Вазорати тандурустӣ ва Хадамоти ҳифзи сиҳатии Бунёди Оғохон (Aga Khan Health Services) сохта шудааст.<ref name="khovar-garmchashma22">[https://khovar.tj/2015/09/iftito-i-markazi-salomat-dar-no-iyai-van/ Ифтитоҳи маркази саломатӣ дар ноҳияи Ванҷ] // АМИТ «Ховар», сентябри 2015. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар доираи барномаи миллии рушди инфрасохтори тиббӣ, соли '''2025''' сохтмони бинои нави Беморхонаи марказӣ барои 120 кат бо арзиши 114 миллион сомонӣ оғоз гардид.<ref name="president-hospital22">[https://president.tj/event/domestic_trips/51302 Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Ванҷ] // Президенти Тоҷикистон, 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Барои ҳалли норасоии кадрҳо, тайи давраи соҳибистиқлолӣ 142 нафар хатмкунандаи ноҳияи Ванҷ дар муассисаҳои олии тиббии ҷумҳурӣ (пеш аз ҳама Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино) таҳсил кардаанд, ки аз ин шумора 40 нафар тавассути квотаи президентӣ буда, соли 2025 боз 22 нафари дигар ба ҳамин квота фаро гирифта шуданд.<ref name="president-hospital22" /> Барномаи «Корвони саломатӣ»-и Вазорати тандурустӣ низ борҳо ба Ванҷ ташриф оварда, ба табибони маҳаллӣ таҷрибаандӯзӣ фароҳам овардааст.<ref name="khovar-korvon202222">[https://khovar.tj/2022/05/korvoni-salomat-sokinoni-no-iya-oi-darvoz-va-van-bo-hizmatrasonii-rojgoni-tibb-faro-girifta-shudand/ «Корвони саломатӣ». Сокинони ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ бо хизматрасонии ройгони тиббӣ фаро гирифта шуданд] // АМИТ «Ховар», майи 2022. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Бо сабаби баландкӯҳ будани минтақа, Ванҷ таърихан ба минтақаҳои паҳншавии бемории ҷоғвар (норасоии йод) мансуб буд; тибқи маълумоти таҳлилӣ, дар натиҷаи стратегияи миллии йодизатсияи намак сатҳи паҳншавии ин беморӣ дар давраи солҳои 2019--2023 то '''72 фоиз''' коҳиш ёфтааст.<ref name="avjizuhal22">Авҷи Зуҳал, № 2, 2025.</ref> Бо назардошти сатҳи баланди муҳоҷирати меҳнатии сокинони ноҳия, маркази маҳаллии мубориза бар зидди ВНМО (ВИЧ) корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни ҷавонон пайваста мегузаронад.<ref name="jumhuriyat-tandurusti22" /> Дар давраи пандемияи COVID-19 Беморхонаи марказии Ванҷ шуъбаи бемориҳои сироятиро ба реҷаи фавқулодда гузаронид, ва моҳи июни соли '''2020''' тибқи барномаи дастгирии Иттиҳоди Аврупо ба ин муассиса таҷҳизоти муҳофизати инфиродӣ (PPE) расонида шуд.<ref name="eeas-ppe22">[https://www.eeas.europa.eu/sites/default/files/eu_timeframe_for_ppe_distribution_20200611_4.pdf EU timeframe for PPE distribution] // Хадамоти амали берунии Иттиҳоди Аврупо (EEAS), июни 2020. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Беморхонаи марказӣ соли 2014 пурра ба низоми гармкунии барқӣ (аз ҳисоби неругоҳҳои хурди барқи обӣ) гузашт, ҳарчанд барои ҳолатҳои фавқулодда ҳарсола захираи эҳтиётии сӯзишворӣ нигоҳ дошта мешавад.<ref name="khovar-heating201422">[https://khovar.tj/2014/01/bemorhonai-van-1207-ba-nizomi-garmkunii-bar-1179-1251-guzasht/ Беморхонаи Ванҷ ба низоми гармкунии барқӣ гузашт] // АМИТ «Ховар», январи 2014. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Тибқи санҷиши Агентии амнияти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳо (июли 2024), Беморхонаи марказии Ванҷ талаботи қонунгузории бехатарии радиатсиониро пурра риоя намуда, дараҷаи хатари фаъолияти он «паст» арзёбӣ шудааст.<ref name="cbrn-inspection22">Феҳристи Агентии амнияти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ (cbrn.tj). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Варзиш ==
Ванҷ аз даврони қадим бо гуштигирони номвари худ шуҳратёр буд. Номи паҳлавонони ванҷӣ --- Амонат, Сулаймон, Дилдор, Хушдил, Худоӣ, Ҳиммат, Ш. Дилов, Алифбек ва дигарон то кунун ба некӣ ёд мешавад ва қиссаҳои майдондориашон ҳанӯз вирди забони хосу ом аст. Соли '''2024''' гӯштини миллии тоҷикӣ (гӯштингирӣ) дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта шуда, мақоми расман байналмилалӣ касб кард; шумораи мусобиқаҳои ин намуди варзиш дар саросари ҷумҳурӣ аз 485 адад дар соли 2020 то тақрибан 4000 адад дар соли 2022 афзудааст.<ref name="mfa-gushtingiri22">[https://mfa.tj/tg/brussels/view/12033/gushtini-tojiki-maqomi-bainalmilali-girift Гӯштини тоҷикӣ мақоми байналмилалӣ гирифт] // Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Паҳлавони ванҷӣ Шакармамад Мирмамадов, ки дар якчанд намуди варзиш (ҷудо, кураш, гӯштингирӣ) рақобат мекунад, яке аз муваффақтарин варзишгарони вазни сангини Тоҷикистон дар даҳсолаи охир аст: соҳиби медали биринҷии Бозиҳои XVIII осиёии соли 2018 дар Ҷакарта (ҷудо, +100 кг),<ref name="ozodi-asiada201822">[https://www.ozodi.org/a/29463618.html Бозиҳои XVIII осиёӣ: Шакармамад ҳам соҳиби медали биринҷӣ гардид] // Радиои Озодӣ. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> медали тиллои Чемпионати 13-уми Осиё оид ба кураш дар Теҳрон (июни 2024)<ref name="varzishtv-kurash22">[https://varzishtv.tj/tj/news/shakarmamad-mirmamadov-a-ramoni-osiye-oid-ba-kurash-/ Шакармамад Мирмамадов қаҳрамони Осиё оид ба кураш] // Варзиш ТВ. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> ва медали тиллои Нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ дар Душанбе (28--31 августи 2024, бо иштироки беш аз 200 варзишгар аз 63 давлат) гардид.<ref name="khovar-mirmamadov-world22">[https://khovar.tj/2024/08/varzishgari-to-ik-shakarmamad-mirmamadov-dar-nahustin-chempionati-a-on-oid-ba-g-shtingir-medali-tillo-ba-dast-ovard/ Варзишгари тоҷик Шакармамад Мирмамадов дар нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ медали тилло ба даст овард] // АМИТ «Ховар», августи 2024. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар мусобиқаҳои Наврӯзии байналмилалӣ дар Хоруғ (марти 2025) ва Рашт (апрели 2026) низ ғолиб омада, ҳарду бор соҳиби автомобил гардид.<ref name="khovar-khorugh202522">[https://khovar.tj/2025/03/shakarmamad-mirmamadov-barandai-sho-oizai-musobi-ai-bajnalmilalii-g-shtini-mill-dar-sha-ri-horu-gardid/ Шакармамад Мирмамадов барандаи Шоҳҷоизаи Мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ дар шаҳри Хоруғ гардид] // АМИТ «Ховар», 26 марти 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="khovar-rasht202622">[https://khovar.tj/2026/04/mu-ammadin-shodmon-far-od-va-shakarmamad-so-ibi-sho-oiza-oi-musobi-ai-g-shtini-millii-no-iyai-rasht-shudand/ Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд] // АМИТ «Ховар», 15 апрели 2026. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
'''25 марти соли 2020''' дар ҷамоати деҳоти Язғулом бахшида ба Наврӯз мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ баргузор гардид, ки дар он беш аз 300 нафар паҳлавон на танҳо аз Ванҷ, балки аз Душанбе, Бохтар, Кӯлобу Хоруғ ва ноҳияҳои Дарвозу Рӯшон иштирок карданд.<ref name="vkd-yazgulom202022">[https://www.old.vkd.tj/index.php/tj/ruydodho/27292-barguzorii-gushtini-mill-dar-yazgulom Баргузории гуштини миллӣ дар Язгулом] // Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар ноҳия беш аз 40 иншооти варзишӣ мавҷуд аст. '''25 июни''' соли '''2025''' дар деҳаи Убари Даргов толори варзишӣ бо масоҳати умумии 615 м², '''иборат аз толори асосӣ, толори тенниси рӯи миз ва ҳуҷраҳои''' ёрирасон, ба истифода дода шуд.<ref name="ap202522" /><ref name="pt5127622">[https://prezident.tj/event/news/51276 Ифтитоҳи толори варзишӣ дар деҳаи Убари Даргови ноҳияи Ванҷ] // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref> Ҳамчунин, '''15''' ноябри соли 2025''', дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар''' деҳаи Андарбоғи ҷамоати Язғулом толори варзишии замонавӣ, ки бо маблағи 480 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст, ба истифода дода шуд.<ref name="khovar-andarbak22">[https://khovar.tj/2025/11/bahshida-ba-r-zi-prezident-dar-de-ai-andarbaki-no-iyai-van-tolori-muosiri-varzish-ba-istifoda-doda-shud/ Бахшида ба Рӯзи Президент дар деҳаи Андарбаки ноҳияи Ванҷ толори муосири варзишӣ ба истифода дода шуд] // АМИТ «Ховар», 15 ноябри 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Пеш аз ин, '''11 сентябри соли 2018''' бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамин ҷамоати Язғулом низ як толори варзишӣ ба истифода дода шуда буд.<ref name="vkd-yazgulom-mvd201822">[https://www.old.vkd.tj/index.php/tj/2020-01-18-07-50-18/khabar-o-bojgon/21050-iftito-i-tolori-varzish-dar-no-iyai-van Ифтитоҳи толори варзишӣ дар ноҳияи Ванҷ] // Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Ба ғайр аз гӯштин, дар солҳои охир волейбол низ дар ноҳия рушд кардааст: дар мусобиқаи маҳаллӣ 7 дастаи волейболи ҷавонон иштирок доранд, ва дастаи ноҳияи Ванҷ дар Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявии волейбол дар ноҳияи Восеъ дар қатори дастаҳои пуриқтидоре чун «Регар ТадАЗ» ва дастаи шаҳри Душанбе иштирок карда, рақобати арзанда нишон додааст.<ref name="khovar-vosevolleyball22">[https://khovar.tj/2025/06/regar-tadaz-dar-musobi-a-oid-ba-volejbol-dar-no-iyai-vose-sazovori-sho-oiza-gardid/ «Регар ТадАЗ» дар мусобиқа оид ба волейбол дар ноҳияи Восеъ сазовори Шоҳҷоиза гардид] // АМИТ «Ховар», июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар Бозиҳои осиёии соли 2018, ки самбо бори аввал ба барномаи он дохил шуда буд, Тоҷикистонро дар қатори дигарон ду варзишгари ҷавон --- Ҷомии Ҳасанӣ ва Сомон Сангов --- намояндагӣ карданд.<ref name="ozodi-asiada201822" />
== Шахсиятҳои маъруф ==
* Мулло Муҳаммадёри Ванҷӣ (машҳур ба Мулло Ёр) --- шоири маъруфи мардумии тоҷик, зодаи деҳаи Ғумаяки водии Ванҷ; мероси ӯ то имрӯз дар байни мардуми кӯҳистони тоҷик маҳбубият дорад.<ref name="pirumshoev-web22" />
* [[Раҳим Масов]] ('''16 ноябри 1939''', деҳаи Мудеҳарви ноҳияи Ванҷ --- '''21 июни 2018''', Душанбе) --- таърихшиноси барҷастаи тоҷик, доктори илмҳои таърих, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон; солҳои 1988--2015 директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш.<ref name="masov-khovar22">[https://khovar.tj/rus/2022/11/akademik-rahim-masov-zhizn-posvyashhennaya-otstaivaniyu-natsionalnyh-interesov-tadzhikistana-segodnya-velikomu-uchenomu-ispolnilos-by-83-goda/ Академик Рахим Масов: жизнь, посвящённая отстаиванию национальных интересов Таджикистана] (рус.) // НИАТ «Ховар», 16 ноябри 2022. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="masov-ap22">[https://www.asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/society/20180621/segodnya-v-dushanbe-skonchalsya-akademik-rahim-masov Сегодня в Душанбе скончался академик Рахим Масов] (рус.) // Азия-Плюс, 21 июни 2018. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
* [[Ҳайдаршо Пирумшоев]] (таваллуд '''30 декабри 1944''', ноҳияи Ванҷ) --- таърихшинос, доктори илмҳои таърих, профессор; муаллифи асарҳои «Ванҷ» (М., 2004), «Ванҷи ману ганҷи ман» (Душанбе, 2013) ва таҳқиқоти сершумор оид ба таърихи Бадахшону Помир.<ref name="pirumshoev-ap22">[https://asiaplustj.info/tj/node/356410 Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо... 30 декабри соли 2025] // Asia-Plus. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
* Қодири Қосим (таваллуд '''9 апрели 1961''', ноҳияи Ванҷ) --- ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон.<ref name="kodiri22">[https://khovar.tj/rus/2020/01/predsedatel-federatsii-nezavisimyh-profsoyuzov-tadzhikistana-kodiri-kosim-vydvinut-kandidatom-v-deputaty-madzhlisi-namoyandagon/ Председатель Федерации независимых профсоюзов Таджикистана Кодири Косим выдвинут кандидатом в депутаты Маджлиси намояндагон] (рус.) // НИАТ «Ховар», январи 2020. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
* Мурувватшо Бачабеков ('''1 майи 1944''' --- '''9 сентябри 2023''', деҳаи Баравни ҷамоати Водхуд) --- устоди варзиши гӯштингирӣ, ки ӯро бунёдгузори мактаби муосири гӯштини Ванҷ медонанд; солҳои 1972--1994 устоди кафедраи тарбияи ҷисмонии Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) буд.<ref name="bachabekov22">[https://www.bomdod.com/2023/09/12/ustodi-pahlavononi-vanj-muruvvatsho-bachabekov-az-dunyo-raft/ Устоди паҳлавонони Ванҷ Мурувватшо Бачабеков аз дунё рафт] // Бомдод, 12 сентябри 2023. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
* Маҳмадшариф Сулаймонов (зодаи деҳаи Рованд) --- устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ дар гӯштини миллӣ, ки зиёда аз панҷоҳ сол дар майдони паҳлавонӣ фаъолият дорад.<ref name="sulaymonov22">[http://hamsafon.tj/10201-sufrai-pa1202lavon1250.html Суфраи паҳлавонӣ] // Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Ҳукумат ==
Сарвари ноҳияи Ванҷ Раиси ноҳия аст, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мегардад.<ref name="badakhshon-vanj22" /> Ниҳоди намояндагии ноҳия --- Маҷлиси вакилони халқ мебошад, ки аз тарафи мардуми ноҳия ба муддати 5 сол интихоб мешавад. Маълумоти расмӣ дар бораи ноҳия дар сомонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (badakhshon.tj) ҷой дода шудааст.<ref name="badakhshon-vanj22" />
Раисони ноҳия дар тӯли фаъолияти маъмурии он борҳо иваз шудаанд; барои мисол, '''17 ноябри соли 2021''' бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷабори Қосим аз мансаби раиси ноҳияи Ванҷ озод карда шуда, ба ҷои ӯ Мардзода Одинашо Миршаб ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия таъин гардид.<ref name="sputnik202122">[https://sputnik.tj/20211117/barkanori-jabbori-qosim-nazarshozoda-vanj-roshtqala-1043601608.html Раисони Ванҷу Роштқалъа барканор шуданд: раҳбарони нав киянд?] // Sputnik Тоҷикистон, 17 ноябри 2021. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Эзоҳ ==
<references />
== Манобеъ ==
* Андреев М. С. Выработка железа в долине Ванча (верховья Аму-Дарьи). --- Ташкент, 1926.
* Бубнова М. А. Горно-Бадахшанская автономная область. Западный Памир (памятники каменного века --- XX в.). --- Душанбе, 2008. --- (Археологическая карта Таджикистана).
* Бурхан-уд-Дин-хан Кушкеки. Путеводитель по Каттагану и Бадахшану. --- Ташкент, 1926.
* Гулшанӣ. Таърихи ҳумоюн. --- Душанбе, 2006.
* Искандаров Б. И. Восточная Бухара и Памир во второй половине XIX в. Ч. 1--2. --- Душанбе, 1962--1963.
* Камалиддинов Ш. С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX --- начала XIII вв. --- Ташкент, 1996.
* Лашкарбеков Б. Б. Старованджский язык (vanǰivor) // Основы иранского языкознания: Среднеиранские и новоиранские языки / под ред. В. А. Ефимова. --- М.: Восточная литература, 2008. --- С. 61--109.
* Масов Р. М. К истории Ванчской долины // Мероси ниёгон. --- Душанбе, 1999. --- № 4. --- С. 20--30.
* Мушкетов Д. И. Рохаръ (Кала-и-Ванчъ). --- Петроградъ: Типографія М. М. Стасюлевича, 1916. --- (Отдѣльный оттискъ изъ тома LII (1916 г.) Извѣстій Императорскаго Русскаго Географическаго Общества № 876).
* Пирумшоев Ҳ. Ванҷ. --- М., 2004.
* Пирумшоев Ҳ., Зафаров А. Ванҷи ману ганҷи ман (очерки таърихӣ). --- Душанбе, 2013.
* Постников А. В. Схватка на «Крыше Мира»: политики, разведчики и географы в борьбе за Памир в XIX веке. --- М.: Памятники исторической мысли, 2001. --- [[Вижа:Манобеи китобҳо/5884511000|ISBN 5-88451-100-0]].
* Розенфельд А. З. Ванджские говоры таджикского языка / ЛГУ им. А. А. Жданова. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- 151 с.
* Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903.
* Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. --- Душанбе: СИЭМТ, 2013.
* Эдельман Д. И. Язгулямский язык. --- М.: Наука, 1966.
* Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. --- М.: Наука (ГРВЛ), 1975. --- С. 41--62.
* Языки мира: Иранские языки. III. Восточноиранские языки. --- М.: Индрик, 2000.
* Moseley Chr. (ed.) Atlas of the World's Languages in Danger. --- 3rd ed. --- Paris: UNESCO Publishing, 2010.
* Paul D., Abbess E., Müller K., Tiessen C., Tiessen G. Language Access and Tajik Language Proficiency among the Yazghulami of Tajikistan. --- SIL International, 2010.
== Пайвандҳо ==
* [https://www.vanjiman.com/ Сомонаи vanjiman.com]
* [https://vanj.info/ Торнамои Ванҷ (vanj.info)]
* [http://badakhshon.tj/?page_id=11224 Саҳифаи ноҳияи Ванҷ дар сомонаи расмии ВМКБ]
* [[c:Category:Vanj_District|Парвандаҳо дар Викианбор (Vanj District)]]
{{тоҷикистон-ҷуғ-нопурра}}
{{Тақсимоти маъмурии ВМКБ}}
{{Ноҳияи_Ванҷ}}
[[Гурӯҳ:Ноҳияҳои Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]]
[[Гурӯҳ:Ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]]
[[Гурӯҳ:Ноҳияи Ванҷ]]
on0n5a8alsdocvfkae47eiw1x57ssr8
1482016
1482010
2026-07-25T20:30:53Z
Firdavsi
3353
1482016
wikitext
text/x-wiki
{{ВМ
| Ранг1 = #A5D570
| Номи тоҷикӣ =
| Номи аслӣ = Ноҳияи Ванҷ
| Нишон =
| Парчам =
| Бари нишон =
| Бари парчам =
| Тавсифи нишон =
| Тавсифи парчам =
| Кишвар = [[Тоҷикистон]]
| lat_dir = N
| lat_deg = 38
| lat_min = 22
| lat_sec = 23
| lon_dir = E
| lon_deg = 71
| lon_min = 27
| lon_sec = 19
| region = TJ
| type = District
| Дараҷа =
| CoordScale =
| Суруди миллӣ =
| Мақом = Ноҳияи маъмурӣ
| Тобеъи = [[Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]]
| Шомили = 1 шаҳрак, 6 ҷамоат
| Пойтахт = [[Ванҷ (шаҳрак)|Ванҷ]]
| Шаҳри бузургтарин =
| Шаҳрҳои бузургтарин =
| Таъсис = [[29 май|29 маи]] [[1933]]
| Барҳамхӯрӣ =
| Номҳои пешина =
| Раис = Мардзода Одинашо Миршаб (аз 2022)<ref>{{Cite web|url=http://www.adlia.tj/show_doc.fwx?Rgn=143911|title=Указ Президента Республики Таджикистан от 1 декабря 2022 года №480 "О назначении Мардзода О.М. председателем Ванчского района Горно-Бадахшанской автономной области"|website=www.adlia.tj|accessdate=2023-01-04|archivedate=2024-12-09|archiveurl=https://web.archive.org/web/20241209162237/http://adlia.tj/show_doc.fwx?Rgn=143911}}</ref>
| Шакли роҳбарӣ = Раиси ноҳия
| Раис2 =
| Шакли роҳбарӣ2 =
| Раис3 =
| Шакли роҳбарӣ3 =
| ММД =
| Соли ММД =
| Ҷой аз рӯи ММД =
| ММД ба сари аҳолӣ =
| Ҷой аз рӯи ММД ба сари аҳолӣ =
| Забон =
| Забонҳо = [[Забони тоҷикӣ|тоҷикӣ]], [[Забонҳои бадахшонӣ]] — [[Забони язғуломӣ|язғуломӣ]]
| Аҳолӣ = 35 400
| Соли барӯйхатгирӣ = 2024
| Фоиз аз аҳолӣ = 4,8
| Ҷой аз рӯи аҳолӣ =
| Баҳодиҳии аҳолӣ =
| Соли баҳодиҳӣ =
| Зичӣ = 7,7
| Ҷой аз рӯи зичӣ =
| Ҳайати миллӣ = [[тоҷик]]он
| Ҳайати динӣ = [[мусулмон]], [[суннӣ]], мазҳаби [[ҳанафӣ]]
| Масоҳат = 4430,5
| Фоиз аз масоҳат =
| Ҷой аз рӯи масоҳат =
| Баландии бештарин = 7495
| Баландии миёна = 3000
| Баландии камтарин =
| Харита = Vanj District in Tajikistan.svg
| Андозаи харита =
| Харита2 =
| Минтақаи замонӣ = UTC+5
| Сарвожа = VA
| ISO = TJ.BK.VA
| Шиносаи ададӣ =
| Шакли шиноса =
| Шиносаи ададӣ2 =
| Шакли шиноса2 =
| Шиносаи ададӣ3 =
| Шакли шиноса3 =
| FIPS =
| Коди телефон = +992 3551
| Нишонаи почта = 736300
| Домени интернет = tj
| Коди мошинҳо = 04 TJ
| Вебгоҳ = [[www.vanjiman.com]]
| Гурӯҳ дар Commons = Vanj District
| Эзоҳ =
}}'''Ноҳияи Ванҷ''' (форсӣ: ناحیۀ ونج) – минтақаи таърихӣ ва яке аз [[Ноҳия|ноҳияҳои]] [[Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]], воқеъ дар шимолу ғарби вилоят, дар шарқи Ҷумҳурии [[Тоҷикистон]]. Масоҳаташ 4430,5 км² буда, тибқи омори соли '''2024''' аҳолияш 35 400 нафарро ташкил медиҳад (зичии аҳолӣ тақрибан 8 нафар дар 1 км²). Ҳамчун воҳиди расмии маъмурию ҳудудӣ '''29 майи 1933''' таъсис ёфтааст.<ref name="fn1">[https://dic.academic.ru/dic.nsf/ruwiki/1287410 Ванджский район] (рус.) // Словари и энциклопедии на Академике (нусхаи мақолаи Википедиаи русӣ, 2010). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Маркази ноҳия шаҳраки [[Рохарв]] (форсӣ: راخرو) аст, ки расман шаҳраки Ванҷ ном дошта, дар харитаҳо низ чунин сабт мешавад, вале дар забони мардум то имрӯз бо номи бостонии худ – Рохарв ёд мегардад; шаҳрак 176 км шимолтар аз шаҳри [[Хоруғ]], дар канораи резишгоҳи рӯди Рохарвоб ба Ванҷоб ҷой дорад.<ref name="fn1" /><ref name="fn2">[https://vanj.info/%D0%B2%D0%B0%D0%BD%D2%B7-%D0%BC%D0%B0%D1%8A%D0%BB%D1%83%D0%BC%D0%BE%D1%82%D0%B8-%D2%B7%D1%83%D2%93%D1%80%D0%BE%D1%84%D3%A3/ Ванҷ. Маълумоти ҷуғрофӣ] (порча аз китоби Ҳ. Пирумшоев «Ванҷи ман») // Торнамои Ванҷ (vanj.info). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn3">[http://badakhshon.tj/?page_id=11224 н. Ванҷ (www.vanj.tj)] // Сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Тибқи анъанаи маҳаллӣ, тамоми рустоҳоеро, ки аз деҳаи Бунай болотар воқеъанд, «Ванҷи Боло» меноманд; водиҳои поёниро бошад, на «Ванҷи Поён», балки бо номҳои таърихии худашон – Язғулом, Водхуд ва Пшихарв – ёд мекунанд.<ref name="fn2" /> Дигар шӯроҳои русто, мисли Водхуд, Язғулом, Рованд ва Техарв, ки фарогири чандин деҳаанд, то кунун номҳои таърихии худро нигоҳ доштаанд. Шӯрои рустои Рохарв дар ҳоли ҳозир чун ҷамоати ба номи Маҳмадулло Абдуллоев<ref name="fn4">[https://khovar.tj/2025/06/peshvoi-millat-emomal-ra-mon-dar-no-iyai-van-tolori-varzishiro-iftito-namudand/ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ толори варзиширо ифтитоҳ намуданд] // АМИТ «Ховар», 25 июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> ва шӯрои рустои Жовид феълан дар шакли ҷамоати Ҷовидон номгузорӣ шудаанд.
Қабл аз вуруди Артиши Сурх ба Ванҷ ва истиқрори низоми шӯравӣ, маркази идории амлокдории Ванҷ дар шаҳраки Рохарв, дар «Қалъаи Ванҷ» ё «Қалъаи Рохарви Ванҷ» қарор дошт, ки ҳам қароргоҳи мири Ванҷ ва ҳам маҳалли будубоши гурӯҳаки маҳдуди сипоҳи манғитиён будааст.<ref name="fn5">Мушкетов Д. И. Рохарв (Кала-и Ванч) // Известия Русского географического общества. --- Т. 52. --- 1916.</ref>
Дарёҳои бузургтарини ноҳия – Ванҷоб, [[Язғулом (дарё|Язғулом]]) ва [[Панҷ (рӯд|Панҷ]]) мебошанд. Ду соҳили дарёи Ванҷоб бо дарозии зиёда аз 100 км бахши умдаи ноҳияро ташкил медиҳад.
== Номшиносӣ ==
Дар сарчашмаҳои русӣ ва адабиёти даврони шӯравӣ номи ноҳия дар шаклҳои «Ванч» ва «Вандж» омадааст, ки гунаи русишудаи ҷойноми тоҷикии Ванҷ мебошад.<ref name="fn3" />
Дар боби решаи ин ном ақидаҳо мухталифанд. Донишманди тоҷик Гулшанӣ дар китобаш «Таърихи ҳумоюн», ки соли 1328 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо '''1910''' милодӣ навиштааст, онро табдилёфтаи номи дарёи Панҷ шумурда, дар бораи диёри Ванҷ мегӯяд:
Қасабаи Ванҷ ба тарафи шарқии Дарвоз, ба таҳти ақабаи Боми Дунё воқеъ аст ва дар он ҷониб манбаи дарёи Омӯя ва Ҷайҳун ва онро Чашмаи Панҷ мегӯянд, аз қуллаи шомихи кӯҳи Боми Дунё набаъон менамоянд. Аз андак масофат, панҷ чашма ба як ҷо ҷамъ мешавад ва ғарбан ҷараён менамояд ва онро чашмаи Панҷ мегӯянд ва он қасабаро Ванҷ меноманд, ки он муҳаррафи Панҷ аст. Оби аввали наҳри Ҷайҳун ҳамин аст.<ref name="fn6">Гулшанӣ. Таърихи ҳумоюн. --- Душанбе, 2006. --- С. 157.</ref>
Тадқиқоти забоншиносии баъдина ин ривояти халқиро тасдиқ намекунад. Эроншиноси маъруф Д. И. Эделман дар пажӯҳиши бунёдии худ «Географические названия Памира» («Номҳои ҷуғрофии Помир»), ки соли '''1975''' дар маҷмуаи «Страны и народы Востока» ба чоп расидааст, решаи вожаи «Ванҷ»-ро мушаххасан шарҳ намедиҳад, балки онро номи аслии худи водӣ мешуморад, ки номи дарёи Ванҷов (Ванҷ + «об») низ аз он гирифта шудааст.<ref name="fn7">Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. --- М.: Наука (ГРВЛ), 1975. --- С. 41--62.</ref> Тибқи мушоҳидаи ӯ, ҳамсоягони язғуломизабони ин водӣ онро на «Ванҷ», балки «Вауз» меноманд, ки ин худ далели дигаре бар куҳансолии эҳтимолии ин ном аст.<ref name="fn7" /> Забони куҳани ванҷии аз байнрафта, ки сокинони маҳаллӣ то охири асри XIX бад-он сухан мегуфтанд, худро «vanǰivor» меномид,<ref name="fn8">Лашкарбеков Б. Б. Старованджский язык (vanǰivor) // Основы иранского языкознания: Среднеиранские и новоиранские языки / под ред. В. А. Ефимова. --- М.: Восточная литература, 2008. --- С. 61--109.</ref> вале дар адабиёти дастрас пажӯҳише, ки решаи номи «Ванҷ»-ро аз вожаҳои ҳамин забон ба даст оварда бошад, ёфт нашуд. Дар маҷмуъ, Эделман хулоса мебарорад, ки аксари номҳои ҷуғрофии Помири Ғарбию Ҷанубӣ бо ёрии забонҳои имрӯза шарҳнопазиранд, ки ин аз куҳансолии онҳо гувоҳӣ дода, эҳтимоли тааллуқи баъзеи онҳоро ба забонҳои пешин (субстратӣ) нишон медиҳад.<ref name="fn7" />
Бинобар ин, то имрӯз дар илми забоншиносии эронӣ решашиносии қатъӣ ва ба таври васеъ пазируфташудаи вожаи «Ванҷ» пешниҳод нашудааст: ривояти Гулшанӣ дар боло намунаи анъанаи омиёна-таърихии маҳаллист, на натиҷаи таҳлили илмии забонӣ. Мутахассисони соҳа бошанд, ин номро қадимӣ мешуморанд ва эҳтимол медиҳанд, ки он ба давраи пеш аз паҳншавии забони тоҷикӣ дар ин минтақа тааллуқ дошта бошад, бидуни он ки то ба ҳол решаи дақиқи онро муайян карда бошанд.
Номи Ванҷ соли '''2023''' ба бузургтарин лозури Помир низ гузошта шуд: '''31 июли соли 2023''' бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лозури Федченко расман [[Лозури Федченко|Ванҷях]] номгузорӣ гардид, ки ин ном аз ибораи «яхи Ванҷ» бармеояд.<ref name="fn9">[https://khovar.tj/rus/2024/06/lednik-vandzhyah-odin-iz-samyh-bolshih-lednikov-tadzhikistana-i-gornyh-sistem-mira/ Ледник Ванджях -- один из самых больших ледников Таджикистана и горных систем мира] (рус.) // НИАТ «Ховар», 9 июни 2024. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn10">[https://rus.azathabar.com/a/smi-krupneyshiy-na-pamire-lednik-fedchenko-pereimenovan-v-vandzhyah-/32555839.html СМИ: крупнейший на Памире ледник Федченко переименован в «Ванджях»] (рус.) // Радиои Озодӣ, 20 августи 2023. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Ҷойгоҳ ==
Ноҳияи Ванҷ бо сарзамини 4430,5 км² дар миёни қаторкӯҳҳои [[Қаторкӯҳи Дарвоз|Дарвоз]] ва [[Қаторкӯҳи Язғулом|Язғулом]] воқеъ аст. Дар шимол бо ноҳияи Сангвор (Тавилдараи пешин), дар шарқ бо [[ноҳияи Мурғоб]], дар ҷануб бо [[ноҳияи Рӯшон]], дар ғарб бо [[Ноҳияи Дарвоз|ноҳияи Дарвози]] Тоҷикистон ва дар ҷанубу ғарб, аз тариқи рӯди Панҷ, бо ноҳияи Дарвози [[Вилояти Бадахшон|вилояти Бадахшони]] [[Афғонистон]] ҳаммарз мебошад.<ref name="fn1" /> Марзи шарқии ноҳияро [[қаторкӯҳи Академияи илмҳо]] ташкил медиҳад.<ref name="fn11">Republic of Tajikistan, map showing administrative division as of January 1, 2004, «Tojikkoinot» Cartographic Press, Dushanbe.</ref>
Аз шимолу шарқи ноҳия ба ҷанубу ғарби он рӯдҳои [[Ванҷ (дарё|Ванҷ]]) ва Язғулом ҷорӣ мешаванд, ки ба рӯди Панҷ мерезанд. Сарзамини ноҳия ду водии нисбатан васеи Бадахшонро дар бар мегирад. Яке аз онҳо дараи рӯди Ванҷ аст, ки беш аз 150 км дарозо дорад ва аз лозурҳои Ҷамъияти ҷуғрофӣ, Хирсон ва Абдуқаҳҳор оғоз мегирад. Водии дигар дараи рӯди Язғулом аст, ки дар миёни қаторкӯҳҳои Язғулому Рӯшон ҷой гирифтааст. Ин ду водиро аз ҳамдигар қаторкӯҳи Ванҷ ҷудо мекунад.<ref name="fn11" /> Баландии маҳал аз сатҳи дарё аз 1500 то 5000 метр мебошад.
Дарёи Ванҷ (Ванҷоб) 103 км дарозӣ ва 2070 км² ҳавзаи обғундорӣ дорад. Он аз ҳамроҳшавии ду шохоб падид меояд: яке аз лозурҳои нишебии шимолии қаторкӯҳи Ванҷ сарчашма мегирад, дигаре бошад – аз нишебиҳои ғарбии қаторкӯҳи Академияи илмҳо. То резишгоҳи шохоби Кашолаях худи дарё номи Абдуқаҳҳор (Абдукагор)-ро дорад; танҳо пас аз ҳамроҳ шудан бо ин шохоб он ба номи Ванҷоб мубаддал мегардад. Сарфи миёнаи солонаи об дар резишгоҳи дарё 49,4 м³/с аст.<ref name="fn12">[https://www.booksite.ru/fulltext/1/001/008/003/192.htm Ванч] (рус.) // Большая советская энциклопедия. --- 3-е изд. --- М.: Советская энциклопедия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дарёи Язғулом 80 км тӯл кашида, масоҳати ҳавзаи он 1970 км²-ро ташкил медиҳад; қисми болоии он то ҳамроҳшавии дарёи Ракзов Мазордара номида мешавад, сарфи миёнаи об дар поёноби дарё 36,2 м³/с буда, ғизои дарёҳои ноҳия асосан барфию лозурист ва сермобтарин моҳ июл аст.<ref name="fn13">[https://waterresources.ru/reki/yazgulem/ Язгулем] (рус.) // Water Resources (бар пояи маълумотномаи «Ресурсы поверхностных вод СССР», 1971). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Тавсифи муфассали гидрографии дарёи Ванҷро низ капитан Кузнецов ҳанӯз соли 1892 сабт кардааст. Ба гуфтаи ӯ, дарё аз ду шохоб — оби-Кашолаях (аз рост) ва оби-Абдуқаҳҳор (аз чап) — сарчашма мегирад, ки худ аз лозурҳои Куи-Лазурӣ об мегиранд, ва номи муосири шохоби «Абдуқаҳҳор», ки ҳанӯз дар мақолаи болозикр омада буд, маҳз бо ҳамин навишти асри XIX мутобиқат мекунад:<blockquote>«Рѣка оби-Ванчъ, берущая начало двумя рѣками: правой оби-Кашалъ-Аякъ и лѣвой оби-Абдукогоръ изъ ледниковъ Куи-Лазырь, течетъ въ юго-западномъ направленіи въ большинствѣ случаевъ разливаясь на много рукавовъ и образуя массу острововъ–тугаевъ.»</blockquote>Тарҷума: «Дарёи оби-Ванҷ, ки аз ду рӯд — рости оби-Кашолаях ва чапи оби-Абдуқаҳҳор — аз лозурҳои Куи-Лозурӣ сарчашма мегирад, дар самти ҷанубу ғарбӣ ҷараён дошта, дар аксари ҳолат ба бисёр шохобчаҳо тақсим мешавад ва анбӯҳи ҷазираҳо — тӯғайҳоро ба вуҷуд меорад».<ref name="kuznetsov1893-p32">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 32.</ref>
Кузнецов инчунин баландии кишлакҳои соҳили дарёи Ванҷро аз сатҳи баҳр чен кардааст: аз резишгоҳи он ба Панҷ (5110 фут) то кишлокҳои Рохарв (6250 фут), Бунай (6590 фут), Техарв (7260 фут), Сытарғ (7670 фут) ва Ванвон (8020 фут); ва дар бораи қаторкӯҳи байни Ванҷу Язғулом, ки имрӯз бо номи қаторкӯҳи Ванҷ маъруф аст, чунин навиштааст:<blockquote>«Горный хребетъ, расположенный между рѣками Ванчъ и Язгулемъ, носитъ названіе Ванчскаго. Восточная его часть покрыта вѣчными снѣгами и ледниками, западная–скалистая. Растительности на немъ нѣтъ никакой.»</blockquote>Тарҷума: «Қаторкӯҳе, ки миёни дарёҳои Ванҷу Язғулом воқеъ аст, номи Ванҷро дорад. Қисми шарқии он бо барфу лозурҳои ҷовидона пӯшида аст, қисми ғарбӣ бошад — сангин; дар он ҳеҷ гуна набототе вуҷуд надорад».<ref name="kuznetsov1893-p203233">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 20; 32–33.</ref>
Ванҷ дар соҳили яке аз шохобҳои бузурги рости дарёи Панҷ (болооби Ому), ки бо номи Ванҷоб маъруф аст, ҷой гирифтааст. Масофа аз маркази ноҳия то шаҳри Хоруғ 176 км ва то шаҳри [[Душанбе]] 387 км аст.
Тавсифи аввалини илмии ҷуғрофии қаторкӯҳҳои иҳотакунандаи водии Ванҷ ба шарқшиноси рус А. А. Семёнов тааллуқ дорад, ки соли 1898 дар доираи экспедитсияи расмии граф А. А. Бобринский аз ин минтақа дидан карда буд. Ӯ дар китоби худ навиштааст:<blockquote>«Часть Дарваза по правую сторону Пянджа (Сѣверный Дарвазъ) занимаетъ западный склонъ Памирскаго плоскогорья: этотъ край изрѣзываютъ глубокими долинами рѣкъ: Пянджа и его притоковъ справа: Оби-Хингоу, Ванджа и Язгулина. Водораздѣломъ этихъ рѣкъ служатъ два высокихъ хребта: Дарвазскій, между рр. Оби-Хингоу и Ванджемъ, и Ванджскій,–между долинами Ванджа и Язгулина... Въ верховьяхъ Ванджа всѣ упомянутыя горныя цѣпи сходятся въ одинъ узелъ и сливаются съ Памирами.»</blockquote>Тарҷума: «Қисми Дарвоз, ки дар канори рости Панҷ ҷойгир аст (Дарвози Шимолӣ), нишеби ғарбии баландсаҳрои Помирро фаро мегирад: ин канораро водиҳои амиқи дарёҳо буридаанд – Панҷ ва шохобҳои рости он: Оби-Ҳингов, Ванҷ ва Язғулом. Марзи обҷудокунии ин дарёҳоро ду қаторкӯҳи баланд ташкил медиҳанд: Дарвоз – миёни рӯдҳои Оби-Ҳингову Ванҷ, ва Ванҷ – миёни водиҳои Ванҷу Язғулом... Дар болооби Ванҷ ҳамаи ин қаторкӯҳҳои зикршуда ба як гиреҳ мепайванданд ва бо Помир мепайванданд».<ref name="fn14">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 6.</ref>
Дар ҳамин гиреҳи кӯҳӣ, ки қаторкӯҳҳои Ванҷу Дарвоз бо Помир мепайванданд, Семёнов ағбаи баландеро ба қайд гирифтааст, ки ба болооби Ванҷ мебарад: «Въ этомъ горномъ узлѣ лежить на высотѣ свыше 15 тыс. футовъ надъ уровнемъ моря перевалъ Сытаргй въ долину р. Вандж, или Ванча» – тарҷума: «Дар ҳамин гиреҳи кӯҳӣ, дар баландии зиёда аз 15 ҳазор фут аз сатҳи баҳр, ағбаи Сытаргӣ ба водии дарёи Вандж (Ванҷ) ҷойгир аст».<ref name="fn15">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 7.</ref>
=== Лозурҳо ва қуллаҳо ===
Болооби дараи Ванҷ, ки дар он ҷо рӯд номи Абдуқаҳҳор (Абдукагор)-ро дорад, аз калонтарин марказҳои лозурии [[Помир]] ба шумор меравад. Бузургтарин лозури ҳавзаи рӯди Ванҷ лозури Ҷамъияти ҷуғрофӣ мебошад, ки дар маҳалли пайвастшавии қаторкӯҳҳои Академияи илмҳо ва Дарвоз ҷой гирифта, дарозиаш 24,2 км ва масоҳаташ 64,4 км² аст. Ин лозур соли '''1882''' кашф гардида, соли '''1928''' ба шарафи Ҷамъияти ҷуғрофии Русия номгузорӣ шудааст.<ref name="fn16">[https://rgo.ru/activity/redaction/news/lednik-geograficheskogo-obshchestva-na-pamire-taet/ Ледник Географического общества на Памире тает] (рус.) // Сомонаи расмии Ҷамъияти ҷуғрофии Русия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар ҳавзаи Абдуқаҳҳор, дар нишебии ғарбии қаторкӯҳи Академияи илмҳо, лозури Хирс (дар адабиёти илмии русӣ – Медвежий) воқеъ аст, ки бо ҳаракатҳои даврии ногаҳонии худ (сёрҷ) дар ҷаҳон шуҳрат дорад. Дарозии лозури Хирс 15,8 км ва масоҳаташ 25,3 км² аст; ҳавзаи барфии он дар баландии беш аз 5500 м бо ҳавзаи лозури Ванҷях (Федченко) муштарак буда, забонаи борику дарози он бо яхшораи (ледопад) 900-метра аз ҳавзаи ғизогирии фирнӣ ба дараи чуқур, то баландии 2900 м, фуруд меояд.<ref name="fn17">Медвежий ледник // Словарь современных географических названий / Рус. геогр. о-во. Моск. центр; под общ. ред. акад. В. М. Котлякова. --- Екатеринбург: У-Фактория, 2006.</ref> Забонаи ин лозур дар зарфи чанд моҳ то 2 км ба поёни дара пеш рафта, маҷрои дарёи Абдуқаҳҳорро мебандад ва кӯли лозурӣ ба вуҷуд меоварад, ки шикофта шудани он ба обхезиҳои харобиовар дар водии Ванҷ оварда мерасонад. Чунин ҳаракатҳо дар солҳои '''1916''', '''1937''', '''1951''', '''1963''', '''1973''', '''1989''', '''2001''' ва '''2011''' ба қайд гирифта шудаанд.<ref name="fn18">[https://www.silkadv.com/en/content/lednik-medvezhiy-v-hrebte-akademii-nauk Ледник Медвежий в хребте Академии Наук] (рус.) // Silk Road Adventures. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ҳангоми ҳаракати соли '''1963''' лозур қариб 1,75 км пеш рафта, дараи Абдуқаҳҳорро баст ва дар он сол ду маротиба (19 июн ва 3 июл) обхезиҳои лозурӣ рӯй доданд. Соли '''1973''' садди яхине бо паҳноии тақрибан ним километр ва баландии саду панҷоҳ метр дараро банд карда, дар паси он кӯле бо чуқурии то 110 метр пайдо шуд; 19 июни соли 1973, вақте ки дар кӯл 27 млн м³ об ҷамъ омада буд, рахнашавии он ба амал омад.<ref name="fn19">[https://glaciallakes.narod.ru/articles/articl_other/3-1.htm Виноградов Ю. Б. Сведения о прорывах озёр, подпруженных ледниками] (рус.). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар қисмати шарқии қаторкӯҳи Язғулом, дар марзи ҷанубу шарқии ноҳия, қуллаи Истиқлол (то соли 2006 – қуллаи Революция; 6940 м) – чорумин қуллаи баланди Тоҷикистон қомат афрохтааст. Дар домани шимолии он лозури бузурги [[Лозури Федченко|Федченко]] – дарозтарин лозури кӯҳии ҷаҳон берун аз минтақаҳои қутбӣ (77 км) оғоз меёбад.<ref name="fn20">[http://wiki.risk.ru/index.php/%D0%9F%D0%B8%D0%BA_%D0%A0%D0%B5%D0%B2%D0%BE%D0%BB%D1%8E%D1%86%D0%B8%D0%B8 Пик Революции] (рус.) // Wiki.risk.ru. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Ин лозур, ки соли '''1878''' онро Василий Ошанин кашф карда, ба шарафи табиатшинос Алексей Федченко номгузорӣ намуда буд, аз '''31 июли''' соли '''2023''' бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расман Ванҷях ном '''дорад.'''<ref name="fn9" /><ref name="fn10" /> '''Паҳноии''' миёнаи лозур 2 км ва ҳадди аксараш 5 км буда, ғафсии ях то 1 км ва ҳаҷми он ҳамроҳ бо шохобҳояш 144 км³ мерасад; лозур аз баландии 6200 м оғоз ёфта, забонааш то баландии 2909 м фуруд меояд ва дар силсилаи он 100 лозури хурду бузург, аз ҷумла 26 шохоби бевосита, ба ҳам пайвастаанд. Дар канори чапи лозур, дар баландии 4169 м, '''7 августи''' соли '''1933''' истгоҳи гидрометеорологӣ кушода шуда буд, ки то '''соли''' 1995 '''бефосила кор кард ва соли''' 2004 '''дар доираи лоиҳаи''' байналмилалӣ дар он ҷо истгоҳи худкор насб гардид. Бар асари гармшавии иқлим лозур танҳо дар садаи XX дар танаи асосии худ тақрибан 15 км³ ях – даҳяки массаи худро – аз даст додааст.<ref name="fn9" />
Тибқи баррасиҳои лозуршиносии охирин, масоҳати умумии лозури Ванҷях (Федченко) тақрибан 700 км² арзёбӣ мешавад ва ҳаҷми умумии яхи он, бар пояи ченкунии ғафсии қабати ях, 123,4 ± 28 км³ ҳисоб карда шудааст.<ref name="fn21">[https://www.cambridge.org/core/journals/journal-of-glaciology/article/evolution-of-fedchenko-glacier-in-the-pamir-tajikistan-during-the-past-eight-decades/0F2F382BD7954575E28B20128B7825E2 The evolution of Fedchenko glacier in the Pamir, Tajikistan, during the past eight decades] (англ.) // Journal of Glaciology. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар тӯли 93 соли мушоҳидаи илмӣ (1928-2021), суръати миёнаи тағйири баландии сатҳи лозур ба −0,46 метр дар сол расидааст, ҳарчанд дар ду фосилаи алоҳида – солҳои 1958-1980 ва 2010-2021 – коҳиши баландии забонаи лозур ду баробар аз меъёри дарозмуддат тезтар будааст.<ref name="fn22">[https://eartharxiv.org/repository/view/7474/ Multi-temporal elevation changes of Fedchenko Glacier, Tajikistan, from 1928 to 2021] (англ.) // EarthArXiv / Journal of Glaciology, 2024. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ченкуниҳои GNSS ва тасвирбардории радарии TanDEM-X нишон медиҳанд, ки мувозинати ҷирмии лозур аз −0,27 ± 0,05 метри муодили обӣ дар сол барои давраи 2000-2011 то −0,51 ± 0,04 метр дар сол барои давраи 2011-2016 бадтар шудааст, яъне суръати обшавии лозур дар даҳсолаи охир тақрибан ду баробар афзудааст.<ref name="fn23">Lambrecht A., Mayer C., Wendt A., Floricioiu D., Völksen C. Elevation change of Fedchenko Glacier, Pamir Mountains, from GNSS field measurements and TanDEM-X elevation models, with a focus on the upper glacier // Journal of Glaciology.</ref> Бо вуҷуди ин, азбаски забонаи лозур бо қабати ғафси хоку сангреза пӯшида аст, масоҳати намоёни он тайи даҳсолаҳо танҳо 1,4 фоиз тағйир ёфта, дар ҳоле ки ҳаҷми аслии яхи он коҳиши назаррас – тақрибан 5 км³ дар тӯли ҳашт даҳсола – доштааст.<ref name="fn21" /> Тибқи маълумоти барномаи UNEP GRID-Arendal, забонаи лозур аз соли 1933 инҷониб зиёда аз 1 километр ба ақиб нишастааст ва аз соли 1980 инҷониб тақрибан 50 метр паст шудааст.<ref name="fn24">[https://www.grida.no/resources/5274 Shrinking of Fedchenko Glacier in the Pamirs of Tajikistan] (англ.) // UNEP GRID-Arendal. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Пажӯҳиши соли 2026 дар маҷаллаи «Remote Sensing» доир ба ҳавзаи лозурии дарёи Вахш, ки низоми лозурии Ванҷях (Федченко)-ро низ фаро мегирад, нишон дод, ки масоҳати умумии лозурҳои ин ҳавза аз 4440,9 км² дар соли 2000 то 4087,1 км² дар соли 2018 коҳиш ёфта, барои соли 2025 тахминан 3955,2 км² пешбинӣ мешавад; яъне тайи солҳои 2000-2025 масоҳати умумии лозурҳо 485,7 км² (10,94 фоиз) кам шуда, коҳиши миёнаи солона ба 19,43 км² мерасад.<ref name="fn25">[[doi:10.3390/rs18091436|Changes in Glaciers of the Vakhsh River Basin, Tajikistan Under Global Climate Change]] (англ.) // Remote Sensing, ҷ. 18, № 9, мақолаи 1436, 2026.</ref>
Қисмати шарқии кӯҳистони ноҳия, аз ҷумла шарқи қаторкӯҳи Ванҷ ва минтақаи лозури Федченко, ба ҳудуди [[Боғи миллии Тоҷикистон]] дохил мешавад, ки соли '''1992''' таъсис ёфтааст ва моҳи июни соли '''2013''' таҳти унвони «Боғи миллии Тоҷикистон (кӯҳҳои Помир)» ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии [[ЮНЕСКО]] шомил гардид.<ref name="fn26">[https://news.un.org/ru/story/2013/06/1224271 Таджикский национальный парк «Горы Памира» включён в список Всемирного наследия ЮНЕСКО] (рус.) // Маркази ахбори СММ, июни 2013. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn27">[https://medt.tj/ru/tourism/tourism/1424-tajikskiy-natsionalniy-park-obekt-vsemirnogo-naslediya-unesco Таджикский национальный парк --- объект Всемирного наследия ЮНЕСКО] (рус.) // Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Заминҷунбӣ ===
Ноҳияи Ванҷ дар минтақаи аз ҷиҳати заминҷунбӣ фаъол ҷой дорад. '''2''' январи соли 2010 '''дар шарқи Тоҷикистон заминҷунбие бо''' бузургии 5,1-5,4 '''рух дод, ки дар натиҷаи он дар маркази ноҳияи Ванҷ''' ва деҳаҳои Роғу Гишхунбеш аз 1050 бино хароб гардида, тибқи баъзе маълумот то 20 ҳазор нафар зарар диданд ва зиёда аз ҳазор сокин муваққатан бесарпаноҳ монданд.<ref name="fn28">[https://ria.ru/earthquake_Tadjikistan_03012010/ Землетрясение магнитудой в 5,1 балла произошло в Таджикистане] (рус.) // РИА Новости, 2--3 январи 2010. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn29">[https://dialog.tj/smertonosnaya-stihiyato-rasskazyvaem-pro-samye-razrushitelnye-zemletryaseniya-v-tadzhikistane-i-mire/ Смертоносная стихия: рассказываем про самые разрушительные землетрясения в Таджикистане и мире] (рус.) // Диалог.TJ. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Иқлим ==
Иқлими ноҳияи Ванҷ қораӣ (континентӣ) аст; тобистонаш гарми бебориш, зимистонаш сарди камбарф; ҳарорати миёна дар моҳи июл 20-24 °C, дар январ аз −12 °C то −20 °C. Мизони борандагии солона 200-300 миллиметр аст. Баландиҳои 4000-5500 м марғзоранд, аз он болотар – тундраи кӯҳист. Дар баландкӯҳҳо иқлим ба куллӣ дигар аст: дар минтақаи лозури Ванҷях ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво ҳатто дар моҳҳои июн-сентябр ҳамагӣ +1,6 °C буда, миқдори солонаи боришот дар он ҷо ба 1192 мм мерасад, ки 99 дарсади он ба шакли барф меборад.<ref name="fn9" />
=== Таснифи иқлимӣ ва механизмҳои ташаккулёбандаи он ===
Тибқи таснифи байналмилалии иқлимшиносии Кёппен-Гейгер (Köppen-Geiger), иқлими қисми асосии водиҳои поёнии ноҳияи Ванҷ ба гурӯҳи '''Dsa''' – «иқлими қораии мӯътадил бо тобистони гарму хушк» – мансуб дониста мешавад.<ref name="fn30">[[:en:Vanj|Vanj]] (англ.) // Wikipedia, the Free Encyclopedia. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ин рамз се хусусияти бунёдиро ифода мекунад: ҳарфи D нишон медиҳад, ки ҳарорати миёнаи сардтарин моҳи сол аз −3 °C поёнтар аст ва барф дар зимистон қабати устувор ташкил медиҳад, дар ҳоле ки гармтарин моҳ аз 10 °C болотар аст; ҳарфи s далолат мекунад, ки боришоти моҳи хушктарини тобистон ба маротиб камтар аз боришоти моҳи сербориштарини зимистону баҳор аст; ҳарфи a нишон медиҳад, ки ҳарорати миёнаи гармтарин моҳи сол аз 22 °C зиёдтар аст. Ин таснифот танҳо то баландиҳои тақрибан 2000-2500 метр эътибори комил дорад; бо боло рафтан аз ин сатҳ, иқлим ба категорияҳои сардтару намноки Dsb ва Dsc мегузарад, дар баландиҳои беш аз 3500-4000 метр ба категорияи E (иқлими тундраи кӯҳӣ) ва дар минтақаи лозурҳо, аз ҷумла дар ҳавзаи Ванҷях, ба категорияи EF (иқлими яхбандии доимӣ) табдил меёбад.<ref name="fn31">[http://www.carpathianconvention.org/tl_files/carpathiancon/Downloads/04%20Publications%20-%20Press%20-%20Gallery/CAsia_Summary_screen.pdf Outlook on climate change adaptation in the Central Asian mountains] (англ.) // Carpathian Convention. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Иқлими ноҳия натиҷаи таъсири мутақобилаи се механизми асосии атмосферист. Дар фасли зимистон (аз ноябр то март) минтақа таҳти таъсири канораи ҷанубу ғарбии Антитсиклони Сибирӣ қарор мегирад, ки массаҳои ҳавоии сарду хушкро ба водиҳои Помир ворид карда, ҳавои софи вале шадидан сарди зимистонаро ба вуҷуд меорад.<ref name="fn32">[https://ecdp.tj/uploads/files/Ramochnaya_model_upravleniya_ekologicheskimi_i_socialnimi_ohrannimi.pdf Рамочная модель управления экологическими и социальными охранными мерами (РМУЭСОМ)] (рус.) // ECDP.TJ. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар охири зимистону фасли баҳор, силсилабодҳои ғарбӣ (Westerlies), ки аз уқёнуси Атлантик ва баҳри Миёназамин ҷараён мегиранд, манбаи асосии намӣ ва боришот мебошанд; вақте ин сиклонҳо ба қаторкӯҳҳои баланди Ванҷу Язғулом бармехӯранд, раванди боришоти орографӣ (кӯҳсоз) рӯй медиҳад, ки боиси резиши миқдори зиёди борону барф мегардад. Дар моҳҳои июлу август бошад, гармшавии шадиди сатҳи замин дар биёбонҳои Афғонистону Эрон боиси пайдоиши минтақаҳои фишори паст мегардад, ки массаҳои ҳавоии тропикии хушкро ба минтақа ворид карда, равандҳои абрсозиро бозмедоранд ва давраи хушксолии тобистонаро фаро меоранд. Бо сабаби парокандагии шабакаи истгоҳҳои обуҳавосанҷӣ дар кӯҳистони Помир, таҳлили дақиқи микроиқлимҳои алоҳида – ҳатто бо истифода аз пойгоҳҳои додаҳои глобалӣ ба монанди MERRA-2 – то ҳанӯз кори мураккабе боқӣ мемонад.<ref name="fn33">[https://pmc.ncbi.nlm.nih.gov/articles/PMC11760384/ Modeling of historical and future changes in temperature and precipitation in the Panj River Basin in Central Asia under the CMIP5 RCP and CMIP6 SSP scenarios] (англ.) // PMC. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Низоми ҳарорат ===
Маълумоти мушаххаси истгоҳҳои метеорологии маҳаллӣ манзараи дақиқтари низоми ҳароратиро пешкаш мекунанд. Тибқи таҳлили илмии соли 2024, ки бар асоси мушоҳидаҳои истгоҳи обуҳавосанҷии Хумроғӣ (воқеъ дар ҳавзаи болооби рӯди Ванҷ) анҷом дода шудааст, ҳарорати миёнаи солона дар ин минтақа тақрибан ба +9,9 °C баробар аст.<ref name="fn34">Murodov, M.; Li, L.; Safarov, M.; Lv, M.; Murodov, A.; Gulakhmadov, A.; Khusrav, K.; Qiu, Y. [[doi:10.3390/rs16101730|A Comprehensive Examination of the Medvezhiy Glacier\\\'s Surges in West Pamir (1968--2023)]] (англ.) // Remote Sensing. --- 2024. --- Ҷ. 16, № 10. --- Мақолаи 1730. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Гармтарин моҳи сол июл буда, ҳарорати миёнаи он ба +23,0 °C мерасад,<ref name="fn34" /> баъзе манбаъҳои дигар ҳарорати миёнаи июлро дар маркази ноҳия то +25 °C арзёбӣ мекунанд.<ref name="fn30" /> Тибқи маълумоти сомонаҳои обуҳавосанҷии оммавӣ, дар давоми рӯзҳои гарми тобистон (масалан, дар охири июлу аввали август) ҳарорати нимирӯзӣ метавонад ба таври муназзам то +27...+32 °C боло равад.<ref name="fn35">[https://www.gismeteo.ru/weather-vanch-336641/ Погода в Ванче сегодня] (рус.) // Gismeteo. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Сардтарин моҳи сол январ аст, ки тибқи маълумоти истгоҳи Хумроғӣ ҳарорати миёнааш аз −4,9 то −5,0 °C-ро ташкил медиҳад.<ref name="fn34" /><ref name="fn30" /> Ин рақам аз тавсифи умумии дар боло овардашуда (аз −12 то −20 °C), ки маъмулан дар сарчашмаҳои донишномавӣ дар бораи маркази ноҳия дода мешавад, фарқи назаррас дорад; чунин ба назар мерасад, ки ин тафовут на ихтилофи асл, балки натиҷаи фарқи мавқеи чен ва усули ҳисоб бошад – рақами дуюм эҳтимолан ба ҳарорати шабонаи ниҳоии сардтарин рӯзҳо ё ба минтақаҳои баландтари ноҳия дахл дорад, дар ҳоле ки рақами якум ҳарорати миёнаи моҳонаро дар як истгоҳи мушаххас инъикос мекунад. Муҳимтарин хусусияти ин иқлим амплитудаи миёнаи солонаи ҳарорат аст, ки ба 27,9 °C мерасад ва гувоҳи равшани набудани таъсири мӯътадилкунандаи баҳрҳо мебошад.<ref name="fn34" />
Ҳароратҳои фавқулода низ ба қайд гирифта шудаанд: тибқи як ҳуҷҷати арзёбии экологию иҷтимоӣ, дар моҳи '''июли соли 2013''' ҳарорати ҳаво дар ноҳия то '''+36,6 °C''' расидааст, дар ҳоле ки дар моҳи '''январи''' соли '''2012''' пасттарин ҳарорати мутлақ '''−20,5 °C''' ба қайд гирифта '''шуд;'''<ref name="fn32" /> '''тафовути''' миёни ин ду нишондиҳанда – беш аз 57 дараҷа – худ далели равшани шиддати иқлими қораии кӯҳистонии ноҳия аст.
Бо ҳар 100 метр болоравии баландӣ, ҳарорати ҳаво, тибқи қонунияти умумии физикаи атмосфера, ба ҳисоби миёна 0,6 °C коҳиш меёбад; маҳз ҳамин градиенти амудӣ сабаб мешавад, ки дар ҳоле ки дар маркази ноҳия тобистон гармои то 30 дараҷа ҳукмфармост, дар баландиҳои болои 4000 метр шароити наздик ба зимистон боқӣ мемонад. Дар минтақаи лозури Ванҷях, тавре ки дар боло зикр гардид, ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво ҳатто дар моҳҳои июн-сентябр ҳамагӣ +1,6 °C-ро ташкил медиҳад, ки шабнаму яхбандии шабонаро дар он ҷо ҳатто дар авҷи тобистон табиӣ мегардонад.
{| class="wikitable"
|+'''Ҷадвали 1. Хулосаи нишондиҳандаҳои иқлимии ноҳияи Ванҷ'''<ref name="fn34" /><ref name="fn30" /><ref name="fn32" /><ref name="fn35" /><ref name="fn36">[https://pogoda.jsprav.ru/tj/vanch/ Погода в Ванче (Таджикистан)] (рус.) // JSPRAV.ru. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
!'''Нишондиҳанда'''
!'''Қимат'''
!'''Тавзеҳ'''
|-
|Ҳарорати миёнаи солона
| +9,9 °C
|Истгоҳи Хумроғӣ
|-
|Ҳарорати миёнаи июл (гармтарин моҳ)
| +23,0...+25,0 °C
|Хумроғӣ / маркази ноҳия
|-
|Ҳарорати миёнаи январ (сардтарин моҳ)
|−4,9...−5,0 °C
|Истгоҳи Хумроғӣ
|-
|Амплитудаи миёнаи солонаи ҳарорат
|27,9 °C
|Нишондиҳандаи иқлими қораӣ
|-
|Максимуми мутлақ (рекорд)
| +36,6 °C
|Июли соли 2013
|-
|Минимуми мутлақ (рекорд)
|−20,5 °C
|Январи соли 2012
|-
|Боришоти солона (Хумроғӣ)
|341 мм
|Ҳавзаи болооби рӯди Ванҷ
|-
|Моҳи сербориштарин
|64 мм
|Март
|-
|Моҳи хушктарин
|1 мм
|Август
|-
|Намнокии нисбии ҳаво дар тобистон
|18-24 %
|–
|}
=== Боришот ва намнокии ҳаво ===
Тақсимоти боришот дар ноҳияи Ванҷ, мисли ҳарорат, ба таври шадид вобаста ба баландӣ тағйир меёбад. Тибқи маълумоти истгоҳи Хумроғӣ, боришоти миёнаи солона дар ҳавзаи болооби рӯди Ванҷ ба 341 мм мерасад,<ref name="fn34" /> дар ҳоле ки дар қисматҳои поёнии водӣ ин рақам ба 200-300 мм наздик аст (ниг. боло), ва дар баъзе минтақаҳои миёнакӯҳ, тибқи баъзе сарчашмаҳо, то 626 мм низ мерасад.<ref name="fn30" /> Хусусияти муҳимтарин на ҳаҷми умумии боришот, балки тақсимоти бениҳоят нобаробари он дар тӯли сол аст: моҳи сербориштарин март буда, ба ҳисоби миёна 64 мм боришот дорад ва бо обшавии ҳамзамони барфҳои кӯҳӣ сатҳи оби Ванҷобу Язғуломро кескин боло мебарад; моҳи хушктарин бошад, август аст, ки миқдори боришот дар он ҳамагӣ ба 1 мм мерасад.<ref name="fn34" /> Тафовути 63-миллиметра миёни ин ду моҳ нишондиҳандаи равшани хушксолии мутлақи тобистона мебошад.<ref name="fn34" />
Намнокии нисбии ҳаво низ ба ҳамин ритми мавсимӣ пайравӣ мекунад: дар авҷи тобистон он метавонад то 18-24 фоиз коҳиш ёбад,<ref name="fn36" /> ки боиси бухоршавии босуръати намӣ аз сатҳи хоку баргу набот гардида, эҳтиёҷи кишоварзиро ба обёрии сунъӣ хеле меафзояд. Дар муқобил, дар минтақаи баландкӯҳии лозури Ванҷях, тавре ки дар боло омад, миқдори солонаи боришот ба 1192 мм мерасад, ки 99 дарсади он ба шакли барф меборад – рақаме, ки таъсири орографии (кӯҳсози) қаторкӯҳҳои Ванҷу Академияи илмҳоро ба таври возеҳ нишон медиҳад: ҳангоме ки массаҳои ҳавоии намнок ба ин деворҳои азим бармехӯранд, ба боло ҳаракат карда, сард мешаванд ва намии худро дар шакли боришоти шадид дар минтақаҳои баландтар мепартоянд, дар ҳоле ки водиҳои поёнӣ дар «сояи боришот» боқӣ мемонанд.
Хоки водиҳо ҷигарӣ ва чаманзорӣ (чимтолӣ); хоки кӯҳҳо ва нишебиҳои онҳо даштӣ ва марғзору баландкӯҳ, ҷо-ҷо регзор аст. Аксари хокҳо серсанганд.
Дар водиҳо набототи даштӣ, дар кӯҳҳо ва доманаи онҳо дарахтони бед, арча, сафедор, буттаҳои ангат, зирк, бушол, настаран; дар баландии 2000-4000 м камол, юған, торон, ревоҷ (чукрӣ), куруш, фарк, курт, бодом, жағн, тӯс (буруҷ) ва ғайра мерӯянд. Дар водии Ванҷ дарахтони мевадор, аз қабили тут, зардолу, себ, чормағз хеле фаровонанд ва ҳосили хуб медиҳанд.
Аз ҳайвоноти ваҳшӣ паланг, хирс, гург, шағол, рӯбоҳ, оҳу, суғур, заргӯш, аз парандагон гунҷишк, ғулба, кабки реза, кабки дарӣ (ҳилол), кафтар, боз, ғалевоз, уқоб ва ғайра вомехӯранд.
=== Минтақабандии амудии эко-иқлимӣ ===
Бо сабаби тафовути шадиди баландӣ – аз 1500 метр дар қисматҳои поёнии водӣ то беш аз 6000 метр дар қуллаҳо – иқлими ноҳияи Ванҷ якранг нест, балки аз занҷираи пайдарпайи минтақаҳои эко-иқлимӣ иборат аст, ки ҳар кадоме шароити хоси гармову намнокӣ ва набототу ҳайвоноти мувофиқи худро доранд.
Дар баландии 1500-2000 метр, дар водиҳои Ванҷу Водхуд, иқлим гармтарину мусоидтарин аст; маҳз дар ҳамин минтақа, тавре ки дар боло зикр шуд, дарахтони меваовар – тут, зардолу, себу чормағз – ҳосили фаровон медиҳанд. Аз баландии 2000 то 4000 метр иқлим сардтар мешавад ва набототи дарахтии гармидӯст ҷои худро ба буттаву гиёҳҳои тобовар ба хушкии тобистона медиҳад; маҳз ҳамин минтақа, тибқи таҳқиқоти экологии барномаҳои ҷаҳонии ҳифзи табиати Осиёи Марказӣ, макони зисти намудҳои нодири эндемикӣ – аз ҷумла гиёҳи [*Nepeta badachschanica]* ва шабпараки нодири кӯҳӣ [*Parnassius autocrator]* – маҳсуб мешавад.<ref name="fn37">[https://portals.iucn.org/library/sites/library/files/documents/2020-003-En.pdf World Heritage thematic study for Central Asia] (англ.) // IUCN Portals. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар баландии 4000-5500 метр, дар минтақаи тундраи кӯҳӣ ва марғзорҳои алпӣ, набототи дарахтӣ комилан аз байн меравад ва танҳо гиёҳҳои пастқад, ушна ва сангфаш (лишайник) боқӣ мемонанд; фаунаи ин минтақа – аз ҷумла паланг, хирс, суғур ва кабки дарӣ (ҳилол) – бештар дар фасли тобистон ба ин баландиҳо мебарояд ва бо фарорасии зимистон ба минтақаҳои поёнии гармтар муҳоҷирати амудӣ мекунад.<ref name="fn37" /> Ниҳоят, аз баландии 5500 метр боло, дар минтақаи нивалӣ-лозурӣ, олами яхбандии доимӣ оғоз мешавад, ки ба иқлими қутбҳои Замин монандӣ дорад ва манбаи асосии ғизогирии лозурҳои бузурги ноҳия, аз ҷумла лозури Ванҷях, ба шумор меравад.
=== Хатарҳои гидрометеорологӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ===
Иқлими шадидан қораии ноҳияи Ванҷ, ки бо боришоти пуршиддати баҳорӣ ва хушксолиҳои шадиди тобистона тавсиф мешавад, минтақаро ба яке аз осебпазиртарин ноҳияҳо аз лиҳози хатарҳои гидрометеорологӣ дар тамоми ҳавзаи рӯди Панҷ табдил додааст.<ref name="fn38">[https://www.cif.org/sites/default/files/meeting-documents/tajikistan_pyanj_river_basin_climate_change_vulnerability_assessment_20130510_0.pdf Climate Change Vulnerability Assessment Republic of Tajikistan: Building Climate Resilience in the Pyanj River Basin] (англ.) // Climate Investment Funds (CIF). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ду омили асосии иқлимӣ сабабгори аксари сел ва обхезиҳо мебошанд. Аввал, вақте ки боришоти шадиди баҳорӣ бо баландшавии ногаҳонии ҳарорат ҳамроҳ мешавад, барфҳои нишебиҳои кӯҳӣ босуръат об шуда, заминро аз ҳад зиёд сернам мекунанд ва ба лағжиши қабатҳои замин ва фаромадани селҳои лойқадор оварда мерасонанд.<ref name="fn34" /> Дуюм, ҳангоме ки ҳарорати нимирӯзии тобистона ба атрофи +30 °C мерасад, суръати обшавии лозурҳо ба ҳадди аксар расида, метавонад боиси обхезиҳои ногаҳонии кӯлҳои лозурӣ гардад,<ref name="fn36" /> падидае, ки, тавре ки дар бахши [[Ноҳияи Ванҷ|«Лозурҳо ва қуллаҳо»]] зикр гардид, дар мисоли лозури Хирс борҳо ба амал омадааст.
Тибқи арзёбии осебпазирии иқлимӣ, ки дар доираи лоиҳаи минтақавии «Ташаккули устувории иқлимӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ» анҷом дода шудааст, деҳаҳои ноҳияи Ванҷ, аз ҷумла дар ҷамоатҳои Водхуду Язғулом, дар қатори минтақаҳои дорои хатари миёна ва баланди зарар аз сел ва обхезӣ гурӯҳбандӣ шудаанд.<ref name="fn38" /><ref name="fn39">[https://www.adb.org/projects/45354-002/main 45354-002: Building Climate Resilience in the Pyanj River Basin] (англ.) // Asian Development Bank. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Барои коҳиш додани ин осебпазирӣ, дар доираи лоиҳаҳои байналмилалии мутобиқшавӣ ба иқлим, дар ҳудуди ҷамоати Водхуд корҳои мустаҳкамкунии соҳили рӯди Ванҷоб ва барқарорсозии лӯлаҳои оби полезӣ анҷом дода шудаанд, ки ҳадафи онҳо ҳифзи заминҳои кишоварзӣ аз сел ва кафолати таъминоти об дар давраҳои хушксолии шадид мебошад.<ref name="fn38" /> Ин гуна тадбирҳои инфрасохторӣ, дар якҷоягӣ бо гузариш ба неруи барқи хурди обӣ (ниг. бахши [[Ноҳияи Ванҷ|«Энергетика»]]) ва вобастагии иқтисоди хонаводаҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ (ниг. бахши [[Ноҳияи Ванҷ|«Муҳоҷирати меҳнатӣ»]]), нишондиҳандаи равшани он мебошанд, ки иқлими шадиди кӯҳистонӣ на танҳо омили табиӣ, балки муайянкунандаи асосии тарзи зиндагӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ванҷ боқӣ мемонад.
== Таърих ==
Ванҷ таърихи чандинҳазорсола дорад, ки осори таърихии он то ҳол пойбарҷоянд, аммо касе аз донишмандони таърих ва бостоншиносони тоҷик ба пажӯҳиши ҷиддии ин ганҷинаи таърих домани ҳиммат барназадааст. Сағонаҳо ва дахмаҳои Ванҷ худ далели ошкори таърихи чандҳазорсолаи ин куҳанбуманд. Бо ин ҳама, таърихи навини водӣ дар осори муаррихони тоҷик – мақолаи академик Раҳим Масов «Оид ба таърихи водии Ванҷ» ва китобҳои профессор Ҳайдаршо Пирумшоев – мавриди баррасии махсус қарор гирифтааст.<ref name="fn40">Масов Р. М. К истории Ванчской долины // Мероси ниёгон. --- Душанбе, 1999. --- № 4. --- С. 20--30.</ref><ref name="fn2" />
Сарнавишти таърихии Ванҷ аз дигар мавзеъҳои тоҷикнишини Бухорои Шарқӣ ва ғарби Бадахшон чандон фарқе надошт. Фоҷиаҳое, ки дар ин ё он гардиши таърихӣ, мисли ҳуҷуми муғулҳо, темуриён ва тозиши дигар қабилаҳои кӯчии туркнажод ва хунрезиҳои ваҳшиёна дар давраи парокандагии феодалӣ рух доданд, бар ин сарзамин бетаъсир набуданд. Тоҷиконе, ки зери таъқибу фишори аҷнабиён қарор гирифта буданд, барои ҳифзи ҷони худ ба тагнои ин дараҳои дастнорас, ба каронаҳои рӯдҳои кӯҳӣ паноҳ бурданд ва ба ҷойҳои дурдасте кӯчиданд, ки сокинони маҳаллӣ дар он солиёни дароз бо кӯшишу ранҷи сахт қитъаҳои хурди заминро барои кишт созгор мекарданд.
Далели мустақими мардумшиносии ин падидаи муҳоҷират аз ҷониби шарқшиноси рус А. А. Семёнов, ки соли 1898 дар доираи экспедитсияи расмии граф А. А. Бобринский ба кӯҳҳои Зарафшону Қаротегину Дарвоз сафар карда буд, сабт гардидааст:<blockquote>«Обитатели долины Ванджа говорили, что ихъ долина заселена недавно, лѣтъ сто тому назадъ, выходцами съ Хингоба. Это переселеніе, замѣтимъ, на Вандж съ Хингоба продолжается, вѣроятно, и до сихъ поръ: намъ здѣсь приходилось встрѣчать много туземцевъ, которые родились въ долинѣ Хингоба и недавно переселились на Ванджъ. Туземцы Дарваза по Пянджу передавали, что ихъ отцы заселили правый берегъ рѣки, когда лѣвый былъ занятъ, и пришли сюда изъ долины Хингоба, туда же переселились съ Ях-Су.»</blockquote>Тарҷума: «Сокинони водии Ванҷ мегуфтанд, ки водии онҳо начандон пеш, тахминан сад сол қабл, аз ҷониби муҳоҷирони аз Ҳингов омада маскун шудааст. Ин муҳоҷират, бояд қайд кард, аз Ҳингов ба Ванҷ, эҳтимол, то ба имрӯз низ идома дорад: мо дар ин ҷо бисёр сокинонеро вохӯрдем, ки худашон дар водии Ҳингов таваллуд шуда, ба наздикӣ ба Ванҷ кӯчида буданд. Сокинони бумии Дарвоз дар соҳили Панҷ нақл мекарданд, ки падарони онҳо соҳили рости дарёро – вақте ки соҳили чап аллакай ишғол шуда буд – маскун сохтаанд ва ба ин ҷо аз водии Ҳингов омада буданд, ки худ пеш аз он аз Ях-Су ба он ҷо кӯчида буд».<ref name="fn41">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 20.</ref> Ин маълумоти мардумшиносӣ, ҳарчанд бар асоси ривояти шифоҳии сокинон дар охири асри XIX сабт шуда ва набояд ҳамчун санади мутлақи таърихӣ пазируфта шавад, бо ин ҳама, бо тасвири умумии дар боло овардашуда – ки водиро паноҳгоҳи гурезагони кӯҳистонӣ аз минтақаҳои гуногун меҳисобад – ҳамоҳангии комил дорад. Дар бораи таърихи куҳантари Ванҷ ҳанӯз манбаъи мувассақе ба даст нарасидааст. Аммо аз таҳқиқоти донишмандони руси тоинқилобӣ ва муҳаққиқони аҳди шӯравӣ бармеояд, ки Ванҷ қариб то охири асрҳои миёна истиқлоли худро нигоҳ медошт. Ин назарро донишманди маъруф, мутахассиси таърихи Бухорои Шарқӣ ва Бадахшон Б. Искандаров чунин баён кардааст:<ref name="fn42">Искандаров Б. И. Восточная Бухара и Памир во второй половине XIX в. Ч. 1--2. --- Душанбе, 1962--1963.</ref><blockquote>Аз мулкҳои қаламрави Дарвоз сокинони Ванҷ нисбатан мустақилияти воқеъиро соҳиб буданд. Ин ноҳияро кӯҳҳои баланд иҳота мекунанд ва он аз шоҳроҳи пайвандгоҳи мулкҳои кишвар дар канор, дар наздикиҳои доманаи лозури Федченко ҷой дорад. Аз ин ҷиҳат мулки номбурда барои аҷнабиён дастнорас буд. Ба ин нигоҳ накарда, хонҳои Қӯқанд дар охири асри XVIII - ибтидои XIX борҳо барои ғасбу тобеъ намуданаш кӯшиш ба харҷ додаанд, вале ҳама талафоту харҷашон беҳуда анҷом ёфтааст.</blockquote>Ванҷ дар замони истилои муғулон ва салтанати Темуриён, Шайбониён ва Аштархониён ба таври расмӣ ҷузъи қаламрави онҳо шинохта мешуд, аммо амалан мустақил буд. Ин вазъиятро метавон дар замони ташаккули давлатдории Қӯқанд (авохири асри 18 - нимаи якуми асри 19) низ мушоҳида кард. Мувофиқи маълумоти маъхазҳо, Ванҷ то замони эътироф кардани ҳукумати шоҳи Дарвоз Исмоил (1845-1863) истиқлоли худро нигоҳ дошт. Дар замони ҳукмронии шоҳони вопасини Дарвоз (1863-1877) Ванҷ бахше аз қаламрави он ҳисоб меёфт. Баъд аз пайвастани Ванҷ ба Дарвоз иқтидори ҳокимони Дарвоз афзоиши чашмгире дошт, зеро бо ҳамроҳ шудани паҳлавонони ҳузарби ванҷӣ ба сафи лашкари Исмоилшоҳ имконоти ҷангии ӯ бамаротиб афзуд.
Дар бораи муносибати мураккаби Ванҷ бо ҳокимони марказии Дарвоз, ки байни итоат ва муқовимат дар навасон буд, шаҳодати арзишманди дигаре аз офицери Штаби Генералии Русия, капитан А. Кузнецов боқӣ мондааст, ки соли 1892 ба таври пажӯҳиши ҳарбӣ аз Дарвоз дидан кардааст. Тибқи гузориши ӯ, гоҳе Шоҳони Дарвоз маҷбур мешуданд бар зидди бекҳои саркаши Ванҷ лашкар бифиристанд:<blockquote>«Тѣмъ не менѣе этимъ переваломъ во время оно Дарвозскіе Ша посылали войска съ артиллеріей въ Ванчъ на усмиреніе непокорныхъ бековъ, которые портили по Пянджу дорогу и занимали оборонительно тѣснины этой рѣки.»</blockquote>Тарҷума: «Бо ин ҳама, тавассути ҳамин ағба буд, ки замоне Шоҳони Дарвоз лашкар бо тӯпхона ба Ванҷ мефиристоданд, барои ба итоат овардани бекҳои саркаше, ки роҳи канори Панҷро вайрон мекарданд ва тангноҳои ин дарёро ба таври мудофиавӣ ишғол менамуданд».<ref name="kuznetsov1893-p1213">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 12–13.</ref>
Мисоли дигари ин рӯҳияи истиқлолхоҳонаи Ванҷ дар хотираи мардумӣ низ маҳфуз мондааст: тибқи иттилои Кузнецов, тахминан 120 сол пеш аз боздиди ӯ, яъне дар замони Шоҳ Иброҳими Дарвоз, ҳокими Ванҷ — Шабосхон — бо роҳи ағбаи Кашолаях ба Сариқул барои ғорати қирғизҳо лашкар кашида буд:<blockquote>«Послѣдній разъ этимъ переваломъ ходилъ управитель Ванча Шабосъ-ханъ въ Сары-Колъ грабить киргизъ. Это было 120 лѣтъ тому назадъ во время Дарвозскаго Ша-Ибрагима.»</blockquote>Тарҷума: «Бори охирин аз ҳамин ағба ҳокими Ванҷ, Шоҳаббосхон барои ғорати қирғизҳо ба Сариқул гузашта буд. Ин ҳодиса 120 сол пеш, дар замони Шоҳи Дарвоз Иброҳим, рӯй дода буд».<ref name="kuznetsov1893-p2122">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 21–22.</ref>
Тибқи ривояти маҳаллӣ, ки муаррихон Р. Масов ва Ҳ. Пирумшоев дар асари бунёдии худ «Файзи истиқлол дар "Боми ҷаҳон"» сабт кардаанд, дар деҳаи Кулумбаи Боло то ба имрӯз нишонаҳои коркарди тилло боқӣ мондаанд, ки гӯё дар замони истилои муғулон навкарони Чингизхон мардуми маҳаллиро маҷбуран ба ин фаъолият сафарбар карда буданд.<ref name="fn43">Масов Р. М., Пирумшоев Ҳ. Файзи истиқлол дар «Боми ҷаҳон». --- Душанбе: Дониш, 2011. --- 412 с. --- ISBN 978-99947-2-004-0. --- С. 362--363.</ref> Ин ривоят нишон медиҳад, ки ҳарчанд қудратҳои бузург метавонистанд нуфузи худро ба таври муваққатӣ ва барои истихроҷи захираҳо таҳмил кунанд, онҳо ҳеҷ гоҳ натавонистанд назорати пурраи маъмуриро дар ин дараҳои маҳкам барқарор намоянд. Дар замони салтанати Темуриён низ, тибқи маълумоти муаррихи асримиёнагӣ Абдурраззоқи Самарқандӣ, агарчи минтақа расман дар итоати Темур буд, он аз ҷониби шоҳони маҳаллӣ идора мешуд ва ҳатто дар лашкари Темур ҳангоми муҳосираи Қалъаи Калот (соли 1381 милодӣ) дастаҳое аз сокинони Дарвозу Қаротегин хидмат мекарданд, ки гувоҳи иқтидори ҳарбии ин кӯҳистониён аст.<ref name="fn43" />
Дар охири асри XVIII ва нимаи якуми асри XIX хонҳои Қӯқанд якчанд маротиба кӯшиши тобеъ намудани Ванҷу Дарвозро ба харҷ доданд: дар замони салтанати Умархон (1810-1822) ва Мадалихон лашкаркашиҳои пайдарпай ба самти Қаротегину Дарвоз сурат гирифтанд; чунончи соли 1834 Мадалихон бо сарварии Машариф Атолиқ лашкари бузургеро барои саркӯб кардани шоҳзодагони фирории қӯқандӣ ба ин манотиқ фиристод, ки боиси даргириҳои шадид бо сипоҳиёни маҳаллӣ гардид.<ref name="fn44">Мудабирзода. Диссертатсия // Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш, 2025.</ref> Бо вуҷуди ин талошҳо ва хароҷоти зиёди ҳарбӣ, тавре ки дар боло аз қавли Искандаров зикр гардид, Ванҷ мустақилияти воқеии худро нигоҳ дошт.
Бо таваҷҷуҳ ба ин мавзӯъ, намояндаи расмии идораи Русия дар Туркистон Г. А. Арандаренко чунин қайд намудааст:<blockquote>Дар давраи Исмоилшоҳ ба дарвозиён фурсат даст дод, ки ҳокимияти худро на танҳо дар Қаротегин ва Шуғнон густариш диҳанд, балки аз Кӯлобу Ҳисор низ боҷ биситонанд, гарчи дар муддати на чандон тӯлонӣ ҳам бошад.</blockquote>Тибқи таҳқиқоти навтарин, Исмоилшоҳ дар авҷи иқтидори худ ба ин доираи васеъ ҳатто Рӯшонро низ тобеъ карда буд.<ref name="fn44" /> Вақте ки дар охирҳои солҳои 1860-ум ҳокимони Кӯлобу Ҳисор – Сарахон ва Абдулкаримбий – бо лашкари тахминан 50 ҳазор нафара ба муқобили ӯ бархостанд, Исмоилшоҳ бо дастгирии неруҳои содиқи худ, аз ҷумла паҳлавонони ванҷӣ, ба онҳо муқовимати шадид нишон дод.<ref name="fn44" />
Баъди ба Русия ҳамроҳ кардани Осиёи Миёна, амир Музаффар (1860-1885) бо дастгирии фармондори вилояти Туркистон манотиқи мустақиллу нимамустақилли Бухорои Шарқиро тасарруф кард ва нерӯҳои ҳарбии худро бо сарварии Худойназар (зимистони солҳои 1877-78) ба воситаи ағбаи Работ ба Қалъаи Хумб фиристод. Худойназар Қалъаи Хумбро ишғол кард, сипас ба самти Ванҷ ҳаракат намуд. Дар наздикии деҳаи Кеврон набарди сахте рӯй дод ва аскарони амир тавонистанд лашкари Дарвозро шикаст дода, таъқиби сарбозони боқимондаро идома диҳанд. Дастаи размандагони ихтиёрии Ванҷ ҳаракати сарбозони амирро дар назди Қалъаи Рохарв – маркази Ванҷ боздоштанд. Баъди муҳосираи бенатиҷаи қалъа сарбозони амир ба Қалъаи Хумб баргаштанд. Ванҷ баъди тобеъ шудани шоҳии Дарвоз боз ду сол истиқлоли худро нигоҳ дошт. Дар давраи салтанати сулолаи манғитиён Ванҷ яке аз амлокдориҳои нисбатан бонуфузи бекии Дарвоз ба шумор мерафт.
Амлокдори Ванҷро «мир» ва ё «шоҳ» меномиданд, яъне мири Ванҷ ё шоҳи Ванҷ. Вижагии вазифаи мирӣ дар Ванҷ дар ин буд, ки номзадии мири Ванҷро бо машварат ва ройзании шахсиятҳои бонуфузи маҳаллӣ пешбарӣ мекарданд, сипас мири Дарвоз бар ӯ мувофиқат мекард ва аз амири Бухоро таъйиди ниҳойӣ дарёфт мешуд. Ҷамъ намудани андоз ва уҳдадориҳои феодалӣ ба зиммаи мир гузошта шуда буданд.
Муҳимтарин санади таърихӣ, ки сохтори деҳаҳо ва демографияи ин давраро тасдиқ мекунад, ҳуҷҷати барӯйхатгирии саросарии Аморати Бухоро дар соли 1914 мебошад. Тибқи ин санад, ки 6-уми моҳи рабиъу-с-сонии соли 1332-и ҳиҷрӣ (мутобиқ ба марти соли '''1914''') аз тарафи беки Дарвоз Абдусатторбек Бийи Додхоҳ бо муҳр тасдиқ шудааст, маркази амлокдории Ванҷ расман дар деҳаи Рохарв (макони Қалъаи Ванҷ) сабт гардидааст.<ref name="fn45">[https://sssr.tj/vanj-va-yazgulom-112-sol-pesh-az-in/ Ванҷ ва Язгулом 112 сол пеш аз ин] // Газетаи мардумии СССР. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ин рӯйхати нодир нишон медиҳад, ки аксари мутлақи деҳаҳои имрӯзаи водӣ ҳанӯз сад сол қабл бо ҳамон номҳои таърихии худ вуҷуд доштанд ва қисми узвии сохтори маъмурии амлокдорӣ буданд.<ref name="fn45" />
Сокинони водии Ванҷ Инқилоби Октябрро нисбатан хуб пазируфтанд, вале пас аз муддати кӯтоҳе муборизони маҳаллии муқовимат, аз пайравони Фузайл Махсум ва дигарон, ки бо номи «босмачиён» маъруфанд, чандин бор бо Артиши Сурх ва давлати шӯравии мустақарр дар Ванҷ даргир шуданд. Дар ин даргириҳо барои дифоъ аз ҳукумати шӯравӣ фидоиёни маҳаллӣ, мисли М. Давлатов, С. Раупов, Т. Шарифов, В. Эҳсонов, У. Меҳралишоев, Ҷ. Сафоев, Қ. Собиров ва дигарон ширкат доштанд.
Бино бар сарчашмаҳои таърихӣ, дар асрҳои миёна Ванҷ се ниҳиштаи маъдани оҳансанг дошт. Ҳанӯз дар оғози асри XX истихроҷи оҳан, гудохтани он ва оҳангарӣ яке аз пешаҳои асосии мардуми маҳаллии Ванҷ буд, ки бо ин пеша манотиқи муҷовирро бо оҳан ва афзоли хоҷагӣ, асбоби кишоварзӣ, корду шамшер ва дигар аслиҳа таъмин мекарданд.<ref name="fn46">Камалиддинов Ш. С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX --- начала XIII вв. --- Ташкент: Ӯзбекистон, 1996.</ref> Ин касби мардумии ванҷиёнро шарқшиноси маъруф М. С. Андреев ҳанӯз соли '''1926''' дар рисолаи махсуси худ «Истеҳсоли оҳан дар водии Ванҷ» муфассал тавсиф кардааст.<ref name="fn47">Андреев М. С. Выработка железа в долине Ванча (верховья Аму-Дарьи). --- Ташкент, 1926.</ref>
Тибқи маълумоти иловагӣ дар бораи ин ҳунари мардумӣ, гудозиши оҳан дар кӯраҳои махсуси заминӣ (домнитсаҳо), ки аз сангҳои тарошиданашуда ва гил сохта мешуданд, анҷом мепазируфт; оташро тавассути дампаҳои аз пӯсти буз сохташуда меафрӯхтанд ва ҳамчун сӯзишворӣ аз ангишти чӯб ва гиёҳи махсуси кӯҳии «пуш» истифода мекарданд.<ref name="fn48">[https://istmat.org/files/uploads/43175/i.e.hodorov_tadzhikistan_v_narodnom_hozyaystve_sssr.pdf Ходоров И. Е. Таджикистан в народном хозяйстве СССР] (рус.) // Исторические материалы (istmat.org). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Як чунин кӯра тавоноӣ дошт, ки дар як шабонарӯз то 240 килограмм маъданро коркард намояд ва раванди пайвастаи гудозиш аз 2 то 5 шабонарӯз идома меёфт;<ref name="fn48" /> маҳз ҳамин технологияи маҳаллӣ ба Ванҷ имкон медод, ки аз воридоти металл аз берун вобаста набошад ва артиши худро бо аслиҳаи сард таъмин карда, худкифоии ҳарбию иқтисодиро кафолат диҳад.
Шаҳодати мустақил ва қадимтарини мустанад дар бораи ин анъанаи оҳангарӣ, ки бисту се сол пеш аз тадқиқоти Андреев сабт шудааст, аз гузориши капитан Кузнецов (соли 1892) бармеояд:<blockquote>«Серебро имѣется въ Джумарчскомъ амилякдарствѣ, свинецъ, олово у кишлака Вараунъ, желѣзо по р. оби-Ванчъ, главнымъ образомъ въ окрестностяхъ кишлака Техарви, кишлака Потау и кишлака Вань-Вань. Туземцы берутъ желѣзную руду, лежащую только на верхнихъ слояхъ земли; обжигаютъ ее въ особо-устроенныхъ печахъ, причемъ изъ 2 пудовъ руды получается желѣза полъ-пуда.»</blockquote>Тарҷума: «Нуқра дар амлокдории Ҷумарҷ мавҷуд аст, сурбу қалъагӣ — дар канори кишлоки Варраун, оҳан бошад — дар канори дарёи Ванҷ, асосан дар атрофи кишлокҳои Техарв, Потов ва Ванван. Бумиён маъдани оҳанро, ки танҳо дар қабатҳои болоии замин ҷой дорад, бармедоранд; онро дар кӯраҳои махсус месӯзонанд, ки дар натиҷа аз ду пуд маъдан ним пуд оҳан ба даст меояд».<ref name="kuznetsov1893-p5556">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 55–56.</ref>
Кузнецов инчунин истихроҷи тиллоро дар ҳавзаи дарёи Ванҷ (дар канори Сағирдашту Язғулом), ки бо усули ибтидоии кӯшмаву ғалбер сурат мегирифт, тасвир кардааст ва аз байни ҳунарҳои дастии амлокдории Ванҷ, махсусан кордсозиро зикр намудааст:<blockquote>«Изъ кустарнаго производства обращаетъ на себя вниманіе только выдѣлка ножей въ Ванчскомъ амилякдарствѣ, да повсюду приготовленіе мату для одежды.»</blockquote>Тарҷума: «Аз ҳунарҳои дастӣ танҳо кордсозӣ дар амлокдории Ванҷ ва — дар ҳама ҷо — тайёр кардани мату барои либос таваҷҷуҳро ҷалб мекунад».<ref name="kuznetsov1893-p68">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 68.</ref>
Ванҷ аз замони [[Сомониён]] то соли '''1877''' ҳукумате мустақил дошта, фармонравоёни онро шоҳ мехондаанд. Соли '''1878''' амири [[Бухоро]] ба Дарвоз лашкар кашид ва пас аз хиёнати баъзе дарвозиён ба Дарвоз муставлӣ шуд; Дарвозро бекигарӣ ва Қалъаи Хумбро қароргоҳи урдуи манғитиён гардонд. Дарвоз тайи солҳои 1878-1920 яке аз бекигариҳои Бухоро буд ва бек дар [[Қалъаи Хумб]] менишаст ва мир хонда мешуд. Бо вуҷуди ин ҳама, Ванҷ зоҳиран дар итоати бекигарӣ буд, вале истиқлоли худро нигаҳ дошт ва пои шуми сипоҳи манғитиён ба Ванҷзамин нарасид.
Тафсилоти иловагӣ дар бораи лаҳзаҳои ниҳоии хонигарии мустақили Дарвоз низ дар ҳамин гузориши Кузнецов сабт шудааст. Тибқи маълумоти ӯ, дар арафаи суқут, аз тамоми қаламрави собиқи хонигарӣ ба охирин Шоҳи Дарвоз — Сераҷетдин — танҳо чанд мулки марказӣ, аз ҷумла худи Ванҷ, боқӣ монда буд:<blockquote>«...послѣднему дарвозскому Ша Сераджетдину принадлежали только Кала-и-Хумбъ, Ванчъ, Язулемъ, всѣ амилякдарства лѣваго берега Пянджа съ Хагономъ включительно, Хуллезъ и Вахія.»</blockquote>Тарҷума: «...ба охирин Шоҳи дарвозӣ Сироҷидин танҳо Қалъаи Хумб, Ванҷ, Язғулом, тамоми амлокдориҳои соҳили чапи Панҷ то Ҳагонро дар бар гирифта, инчунин Ҳуллез ва Ваҳиё тааллуқ доштанд».<ref name="kuznetsov1893-p5">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 5.</ref>
Ва ҳангоме ки соли 1878 сипоҳи бухороӣ бо сарварии Худойназар-Атолиқ ногаҳон ба Қалъаи Хумб наздик шуд, Сераҷетдин-Шоҳ бидуни ҷанг таслим гардид, вале роҳи гурези худро маҳз аз тариқи Ванҷ интихоб намуд:<blockquote>«Сераджетдинъ-Ша сдалъ крѣпость безъ бою, а самъ бѣжалъ черезъ Ванчъ въ Кокандъ къ Худаяръ-хану.»</blockquote>Тарҷума: «Сироҷидин-Шоҳ қалъаро бидуни ҷанг таслим кард, худаш бошад, аз тариқи Ванҷ ба Қӯқанд, назди Худоёрхон гурехт».<ref name="kuznetsov1893-p6">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 6.</ref>
Соли '''1895''' бекигарии Дарвоз, ки дар ҳар ду канораи рӯди Панҷ қарор дошт, дар паи ҷаҳонгириҳои [[Русия]] ва [[Британияи Кабир|Британия]] дупора гардид: канораи рост ба аморати Бухоро ва канораи чап ба Афғонистон дода шуд.<ref name="fn49">Постников А. В. Схватка на «Крыше Мира»: политики, разведчики и географы в борьбе за Памир в XIX веке. --- М.: Памятники исторической мысли, 2001. --- 416 с. --- ISBN 5-88451-100-0.</ref>
Ванҷ то соли '''1920''' амлокдории Қалъаи Ванҷи бекигарии Дарвози аморати Бухоро буд. Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 Ванҷ аз соли 1920 то 1924 чун тумани Ванҷ дар ҳайати вилояти Ғарми Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро ҷой дошт. Солҳои 1925-1926 Ванҷ чун ҷузъи тумани Қалъаихумби вилояти Ғарми ҶМШС Тоҷикистон ҳисоб меёфт. Солҳои 1926-1930 волости Ванҷ дар ҳайати ВМКБ буд. Солҳои 1930-1933 Ванҷ чун қисми ҳудуди ноҳияи Қалъаихумб бевосита дар тобеъияти ҷумҳурӣ буд.
Тибқи Қарори Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон аз '''29 майи''' соли '''1933''', №46 расман ноҳияи Ванҷ таъсис ёфта, то соли 1937 дар тобеъияти '''бевоситаи ҷумҳурӣ қарор дошт. Дар асоси Қарори Президиуми''' КИМ-и Шӯроҳои ҶШС Тоҷикистон аз '''11 августи соли 1937''', №43 ноҳияи Ванҷ бо ҳамаи деҳшӯроҳояш: Ванҷ, Водхуд, Рованд, Техарв, Жовуд ва Язғулом расман ба ҳайати ҳудудии ВМКБ гузаронида шуд. Бино бар ин, ноҳияи Ванҷ ҳамчун воҳиди маъмурӣ дар ҳайати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 11 августи соли 1937 ташаккул ёфтааст.
{| class="wikitable"
|+'''Таҳаввулоти маъмурию ҳудудии Ванҷ (то соли 1878 – соли 1937)'''
!'''Марҳилаи таърихӣ'''
!'''Мақоми маъмурию ҳудудӣ'''
!'''Тобеияти давлатӣ/минтақавӣ'''
|-
|То соли 1878
|Мухторияти комил / Иттиҳод бо Дарвоз
|Идоракунии мустақил таҳти сарварии шоҳ
|-
|1878-1920
|Амлокдории Қалъаи Ванҷ
|Бекигарии Дарвоз, Аморати Бухоро
|-
|1920-1924
|Тумани Ванҷ
|Вилояти Ғарми Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро
|-
|1925-1926
|Ҷузъи тумани Қалъаихумб
|Вилояти Ғарми ҶМШС Тоҷикистон
|-
|1926-1930
|Волости Ванҷ
|Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
|-
|1930-1933
|Қисми ноҳияи Қалъаихумб
|Тобеияти бевоситаи ҶШС Тоҷикистон
|-
|29 майи 1933
|Ноҳияи Ванҷ (таъсиси мустақил)
|Тобеияти бевоситаи ҶШС Тоҷикистон
|-
|11 августи 1937
|Ноҳияи Ванҷ бо 6 деҳшӯро
|Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ)
|}
Дар нимаи солҳои 1950-ум сиёсати муҳоҷиркунонии аҳолии кӯҳистон ба водиҳои пахтакор ба Ванҷ низ бетаъсир намонд: соли '''1954''' сокинони водии Язғулом ба ноҳияи Куйбишеви водии Вахш кӯчонида шуданд. Гармои тоқатфарсо, беморшавии оммавӣ ва фавти зиёди кӯдакон ин муҳоҷиратро барои кӯчидагон фоҷиабор гардонд ва бахши зиёди онҳо тадриҷан ба зодгоҳи худ баргаштанд, ҳарчанд на ҳама; як ҷамоаи язғуломизабон то имрӯз дар водии Вахш боқӣ мондааст.<ref name="fn50">[https://iling-ran.ru/web/ru/scipop/blog/1911_edelman Из полевых записей середины прошлого века. Об экспедициях в язгулямский язык в 1950-х гг.] (рус.) // Сомонаи Пажӯҳишгоҳи забоншиносии Академияи илмҳои Русия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn51">[http://field-ling.moscow/c/language/yazghulami/ Язгулямский язык] (рус.) // Экспедиции Московской школы полевой лингвистики. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn52">[https://vostokoriens.ru/articles/2745/218564 Астрономические знания язгулемцев] (рус.) // Восток (Oriens). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон (солҳои '''1992'''-'''1997'''), ки байни ҳукумати марказӣ ва Иттиҳоди Оппозиюни Тоҷик ба вуқӯъ пайваст, ба вазъи умумии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ бетаъсир намонд: азбаски аксарияти сокинони исмоилимазҳаби вилоят – бахусус дар ноҳияҳои Рӯшону Шуғнон – паноҳгоҳ ва пуштибони қувваҳои мухолифи ҳукумат гардиданд, вилоят яке аз пойгоҳҳои асосии Иттиҳоди Оппозиюн ба шумор мерафт.<ref name="fn53">[https://grokipedia.com/page/Gorno-Badakhshan Gorno-Badakhshan] (англ.) // Grokipedia. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар манобеи дастраси таърихӣ то кунун таъсири мушаххаси ин ҷанг бар ноҳияи Ванҷ – ки, тавре дар боло зикр гардид, аз ҷиҳати мазҳабӣ бо аксари ноҳияҳои дигари вилоят фарқ дошта, суннимазҳаб аст – ба таври алоҳида ва мустанад пажӯҳиш нашудааст. Дар маҷмуъ, ин ҷанг тайи панҷ сол тахминан 50 то 100 ҳазор кушта ва беш аз як миллион гурезаву овораро дар саросари Тоҷикистон ба бор овард, пеш аз он ки '''27 июни соли 1997''' дар Маскав Созишномаи умумӣ доир ба барқарор кардани сулҳ ва ризояти миллӣ миёни Президент Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари Иттиҳоди Оппозиюн Саид Абдулло Нурӣ ба имзо расид.<ref name="fn54">[https://factsanddetails.com/central-asia/Tajikistan/sub8_6a/entry-4858.html Tajikistan Civil War] (англ.) // Facts and Details. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn55">[https://en-academic.com/dic.nsf/enwiki/896644 Civil war in Tajikistan] (англ.) // En-Academic. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Осори таърихӣ ==
Дар қаламрави Ванҷ мавзеъ, осор ва ёдгориҳои таърихии бисёр вуҷуд доранд, вале то ҳол таҳқиқоти шоистае дар ин росто анҷом наёфтааст. Тибқи омори соҳаи сайёҳии ВМКБ, дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ ба ҳолати соли 2024 15 ёдгории таърихию фарҳангӣ ба қайд гирифта шудааст.<ref name="fn56">[https://ctd.tj/2024/03/30/%D1%85%D0%B0%D0%B1%D0%B0%D1%80-%D0%B0%D0%B7-%D2%B7%D0%B0%D2%B3%D0%BE%D0%BD-%D0%B0%D0%B7-%D1%82%D0%B0%D0%B1%D0%B8%D0%B0%D1%82-%D0%B1%D0%B0-%D1%81%D0%B0%D0%BD%D1%8A%D0%B0%D1%82%D0%B8-%D0%B8%D0%BD/ Аз табиат ба санъати инсонӣ: 7 муъҷизаи нави ҷаҳонӣ номида шуд] // Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30 марти 2024. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Барои дарки мантиқи ҷойгиршавӣ ва моҳияти ин осор, бояд заминаи таърихию сиёсии ташаккули онҳоро дарк намуд. Бино бар маълумоти таърихномаҳои асримиёнагӣ, дар садаҳои VII-VIII қаламрави кунунии Ванҷ ҷузъи вилояти таърихии '''Кумед''' буд, ки болооби дарёи Вахшро фаро гирифта, сарзамини имрӯзаи ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ва шимоли Бадахшонро дар бар мегирифт.<ref name="fn57">[[Таърихи Тоҷикистон]] // Википедиа. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Баъдтар, дар асрҳои миёна, Ванҷу Дарвоз як сарзамини воҳидро ташкил дода, бо номи «Курон» ёд мешуданд, ки маркази он деҳаи кунунии Кеврон будааст.<ref name="fn58">[https://vahdat.tj/22-tarihi-shar.html Таърихи шаҳр] // Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Маҳз дар ин заминаи қадимии сиёсӣ, ки бо мустақилияти нисбии маҳаллӣ ва хатари доимии ҳуҷумҳои беруна тавсиф мешуд, эҳтиёҷ ба бунёди қалъаҳои мустаҳкам ба миён омад.
Пеш аз тавсифи муфассали Мушкетов, қадимтарин шаҳодати мустанади русӣ дар бораи ин қалъаро низ капитан Кузнецов дар гузориши соли 1892-и худ сабт кардааст. Ӯ зимни тавсифи амлокдории Ванҷ чунин навиштааст:<blockquote>«Ванчское амилякдарство расположено по р. Ванчъ и частью по правому берегу р. Пянджъ. Мѣстопребываніе амилякдара кишлакъ Кала-и-Рохарвъ (на нашихъ картахъ Кала-и-Ванчъ); имѣется небольшая крѣпостца.»</blockquote>Тарҷума: «Амлокдории Ванҷ дар канори дарёи Ванҷ ва қисман дар соҳили рости дарёи Панҷ ҷойгир аст. Маҳалли иқомати амлокдор кишлоки Қалъаи Рохарв аст (дар харитаҳои мо — Қалъаи Ванҷ); дар он қалъачаи хурде мавҷуд аст».<ref name="kuznetsov1893-p79">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 79.</ref>
Ин иттилои Кузнецов, ки бисту се сол пеш аз тавсифи муфассали Мушкетов сабт шудааст, собит месозад, ки номи «Қалъаи Ванҷ» барои Рохарв аллакай дар харитаҳои расмии охири асри XIX ба кор мерафт ва Рохарв аз ҳамон замон ҳамчун маркази маъмурии амлокдории Ванҷ шинохта мешуд.
Қалъаи Ванҷ дар баландии соҳили рости Ванҷоб, дар масофаи 15 км аз резишгоҳи он ба дарёи Панҷ воқеъ гашта буд. Мавқеъияти ин қалъа аз нигоҳи ҳарбию стратегӣ бисёр созгор будааст ва ба муҳофизонаш имкон медодааст, ки муддати тӯлонӣ аз худ дифоъ кунанд. Тавсифи илмии Рохарв ва қалъаи онро ҳанӯз соли '''1916''' узви Ҷамъияти ҷуғрофии Русия Д. И. Мушкетов интишор додааст.<ref name="fn5" /> Дар мақолаи худ, ки натиҷаи боздиди шахсии ӯст, Мушкетов мавқеи стратегии Рохарвро чунин тавсиф кардааст:<blockquote>«Административнымъ центромъ Ванча всегда былъ и есть базарный кишлакъ Рохаръ (или Рохарвъ) въ 40 дворовъ, расположенный на правомъ берегу рѣки, въ двадцати верстахъ выше ея устья, на высотѣ 5.950 футъ, у моста, ведущаго къ перевалу Гушхонъ, запирая собой, слѣдовательно, единственный конный путь на Язгулемъ, Рошанъ и Памиръ. Это важное стратегическое положеніе и было использовано древними правителями Ванча – «Шо», воздвигнувшими здѣсь крѣпость (Кала-и-Ванчъ) и избравшими ее для своей резиденціи.»</blockquote>Тарҷума: «Маркази маъмурии Ванҷ ҳамеша кишлоки бозории Рохар (ё Рохарв) буд ва то ҳол ҳамин аст – бо 40 хонавода, дар соҳили рости дарё, дар бисту версти болотар аз резишгоҳи он, дар баландии 5950 фут, назди пуле, ки ба ағбаи Гушхон мебарад, ва бо ин васила ягона роҳи аспсаворро ба Язғулом, Рӯшон ва Помир мебандад. Маҳз ҳамин мавқеи муҳими стратегӣ буд, ки ҳокимони қадимии Ванҷ – «Шоҳ»-ҳо – истифода бурда, дар ин ҷо қалъа (Қалъаи Ванҷ) бино карданд ва онро барои қароргоҳи худ интихоб намуданд».<ref name="fn59">Мушкетов Д. И. Рохаръ (Кала-и-Ванчъ). --- Петроградъ: Типографія М. М. Стасюлевича, 1916. --- (Отдѣльный оттискъ изъ тома LII (1916 г.) Извѣстій Императорскаго Русскаго Географическаго Общества № 876). --- С. 7.</ref> Мушкетов инчунин интихоби маҳалли қалъаро аз нигоҳи амниятӣ шарҳ додааст:<blockquote>«Мѣсто выбрано весьма хорошо и удобно, на возвышеніи, съ котораго открытый видъ во всѣ стороны, и долина Ванча, какъ на ладони; рѣка отъ стѣнъ крѣпости въ 3 саженяхъ, но для обезпеченности водоснабженія имѣлся къ ней подземный ходъ; невдалекѣ, на луговинѣ у рѣки, имѣется прудикъ, наполняемый ключемъ теплой, солоноватой воды, предоставляющій идеальное купанье.»</blockquote>Тарҷума: «Ҷой хеле хуб ва мувофиқ интихоб шудааст, дар баландие, ки аз он манзараи кушода ба ҳар тараф дида мешавад ва тамоми водии Ванҷ мисли кафи даст намоён аст; дарё аз деворҳои қалъа дар масофаи 3 саженӣ ҷой дорад, вале барои таъмини бехатари обтаъминкунӣ роҳи зеризаминӣ ба он вуҷуд дошт; дар наздикӣ, дар марғзори лаби дарё, ҳавзчае ҳаст, ки аз чашмаи оби гарму намакини он пур мешавад ва барои шиноварии беҳамто мувофиқ аст».<ref name="fn59" /> Дар бораи сохти худи қалъа Мушкетов навиштааст:<blockquote>«Постройка, конечно, глинобитная, но довольно массивная, со стѣнами до 4 саженей высотой, обнесенными съ трехъ сторонъ рвомъ, съ бойницами и пятью угловыми башнями. Внутреннія перегородки частью деревянныя, равно какъ и колонны, балки и двери, тонкой, старинной рѣзной работы.»</blockquote>Тарҷума: «Бино, албатта, гилинист, вале хеле мустаҳкам, бо деворҳое то 4 сажен баландӣ, ки аз се тараф бо хандақ иҳота шуда, дорои тирборон (бастионҳо) ва панҷ манораи кунҷӣ мебошад. Девордевораҳои дохилӣ қисман чӯбинанд, ҳамчунин сутунҳо, болорҳо ва дарҳо, ки аз кандакории нозуку қадимӣ иборатанд».<ref name="fn59" />
Мушкетов санаи боздиди худ ва оғози кашидани нақшаи қалъаро низ қайд кардааст: «Многое уже разрушено (мое посѣщеніе относится къ 11 іюля 1905 г.), но общее расположеніе еще сохранилось и я, пользуясь обстоятельными поясненіями почтеннаго шейха-токсабы Ванча, снялъ планъ всей крѣпости» (тарҷума: «Бисёр чиз аллакай хароб шудааст (боздиди ман ба 11 июли соли 1905 рост меояд), вале тартиби умумӣ то ҳол нигоҳ дошта шудааст ва ман, бо истифода аз тавзеҳоти муфассали шайх-тӯксабои эҳтиромноки Ванҷ, нақшаи тамоми қалъаро кашидам»).<ref name="fn59" />
Нақшаи қалъа, ки Мушкетов кашидааст, 27 ҳуҷраву қисми қалъаро бо рақам нишон медиҳад, ки шарҳи онҳо чунин аст:<ref name="fn59" />
Ур - чулон
Дарвозахона – ҳуҷраи нигаҳбонону дарбонон
Ҳуҷраи навкарҳо
Бадарравхона – ҳоҷатхона
Долон – ҳавлии аспҳо
Ахтахона – оғилхона, ва болои он анборхонаи алаф
Пештоқ – гузаргоҳи пӯшида
Фаррошхона – ҳуҷраи сайисон
Пештоқи дуюм (баландии 3 сажен)
Гулгунхона – утоқи қабул
Ҳуҷраи худи шоҳ
Қӯрғон – казарма (харобшуда)
Ғуломгардиш – долони мамониаткунандаи дидани занони дар боғ гардандагӣ
Ошхона – ошхона
Роҳрав – долон
Ғуломгард – гузаргоҳ ба қисми занона
Хазина – ҳуҷраи хазинадорӣ
Ҳаммом – ҳаммом
Пештоқи занона
Ҳуҷраи зани шоҳ – тобистона
Ҳуҷраи зани шоҳ – зимистона
Тоб-хона – манора
Рӯйи ҳавлӣ – ҳавлии пӯшида
Ҳарам (харобшуда)
Анборхона (болои ҳуҷраи 16)
Манора – ҳоло ҳуҷраи меҳмонон – меҳмонхона
Оғози роҳи зеризаминӣ ба сӯи дарё
Дар масофаи як версти болотари Рохар, дар канори роҳ, Мушкетов ду гӯри қадимиро низ ба қайд гирифтааст: «Въ верстѣ выше Рохара по долинѣ, около дороги, двѣ древнихъ гробницы съ фигурными стѣнами, имѣющими какое-то отношеніе къ крѣпости; интересно, что на могильномъ шестѣ, помимо обычныхъ куска матеріи и конскаго хвоста (на боковой перекладинѣ), сверху помѣщены изображенія сложенной руки (ладони) и голубя» (тарҷума: «Дар як версти болотар аз Рохар, дар паҳлӯи роҳ, ду гӯри қадимӣ бо деворҳои нақшдор ҳастанд, ки бо қалъа алоқаи муайяне доранд; ҷолиб ин аст, ки бар болои чӯби қабр, ба ғайр аз пораи матоъ ва думи асп (дар чӯби паҳлӯӣ)-и маъмулӣ, тасвири дасти гирдкардашуда (кафи даст) ва кабутар низ гузошта шудааст»).<ref name="fn59" />
Ба ғайр аз ин, Мушкетов дар поварақи худ ёдовар шудааст, ки ягона роҳи воридшавӣ ба водӣ аз тарафи Панҷ низ бо қалъаи хурди дигаре мустаҳкам карда шуда буд: «Этотъ единственный выходъ кромѣ того очень искусно былъ загражденъ небольшой крѣпостцей, остатки которой еще видны на изолированномъ холмѣ въ устьѣ Ванча» (тарҷума: «Ин ягона баромадгоҳ аст, илова бар ин, хеле моҳирона бо қалъачаи хурде масдуд шуда буд, ки бақоёи он то ҳанӯз дар теппаи ҷудоуфтодаи резишгоҳи Ванҷ ҳувайдоанд»).<ref name="fn60">Мушкетов Д. И. Рохаръ (Кала-и-Ванчъ). --- Петроградъ, 1916. --- Тавзеҳот, №4.</ref>
Тибқи мушоҳидаи ӯ, қалъа бевосита дар масири корвонрав ба сӯи ағбаи Гушхон қарор дошт, ки тавассути он роҳи корвонӣ ба водии Язғулом ва аз он ҷо ба самти баландкӯҳҳои Помир мерасид.<ref name="fn61">[https://poxod.ru/guidebook/darvaz/p_darvaz_dolinarekivagdm_a.html Долина реки Ванч] // Свободный туризм (poxod.ru). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Пеш аз он ки Мушкетов худ соли 1905 аз қалъа боздид кунад, тавсифи мухтасартаре аз он – тахминан 13 сол пештар – аллакай ба қалами А. А. Семёнов тааллуқ дошт, ки соли 1898 шахсан аз қалъа дидан кардааст:<blockquote>«Въ низовьи р. Ванджа лежитъ самый значительный кишлакъ долины, Кал'аи-Ванджъ, или Кал'аи-Рохарвъ (крѣпость Ванджа, крѣпость Рохарвъ). Укрѣпленіе въ немъ до сихъ поръ на обрывистомъ берегу довольно хорошо сохранилось. Стѣны крѣпости–мѣстами глинобитныя, мѣстами сложены изъ кирпичей и камней. По бокамъ лицевой стороны крѣпости–двѣ полуразрушенныхъ зубчатыхъ башни.»</blockquote>Тарҷума: «Дар поёноби рӯди Ванҷ бузургтарин кишлоки водӣ ҷойгир аст – Қалъаи Ванҷ, ё Қалъаи Рохарв (қалъаи Ванҷ, қалъаи Рохарв). Истеҳкоми он то ба имрӯз дар соҳили баланди дарё нисбатан хуб нигоҳ дошта шудааст. Деворҳои қалъа ҷо-ҷо гилини, ҷо-ҷо аз хишту санг сохта шудаанд. Аз ду тарафи рӯи қалъа ду манора нимвайрони дандонадор қарор доранд».<ref name="fn62">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 8.</ref> Муҳимтар аз ҳама, Семёнов санаи тахминии бунёди қалъа ва номи бинокори онро сабт кардааст – маълумоте, ки то кунун дар ягон манбаи дигари дастраси мақола наомадааст:<blockquote>«Крѣпость, по преданію, была построена лѣтъ двѣсти тому назадъ дарвазскимъ ханомъ, Азиз-Ханомъ, и, вѣроятно, не разъ служила хорошую службу ея защитникамъ во времена независимаго Дарваза. Теперь въ ней живетъ амлякдаръ (начальникъ округа) долины Вандж.»</blockquote>Тарҷума: «Қалъа, тибқи ривоят, тахминан дусад сол пеш аз ҷониби хони дарвозӣ – Азиз-Хон – бино ёфтааст ва эҳтимол, борҳо ба муҳофизони худ дар давраи истиқлолияти Дарвоз хидмати шоиста кардааст. Ҳоло дар он амлокдор (сарвари ноҳия, яъне шоҳ)-и водии Ванҷ зиндагӣ мекунад».<ref name="fn63">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 8--9.</ref> Азбаски китоб соли 1903 нашр шуда ва мушоҳидаи муаллиф соли 1898 сурат гирифтааст, ин ривоят санаи бунёди қалъаро тахминан ба солҳои 1698-1700 рабт медиҳад.
Семёнов инчунин ду навиштаи девории қалъаро айнан нусхабардорӣ кардааст: як байти форсӣ дар бораи гардиши бераҳмонаи рӯзгор, ва як ёдгории русии сайёҳони соли 1896 – «Прибылъ разъѣздъ 25 числа августа за старшаго общивкй Яковъ. Черновъ. и джигить Николай Каплун и перевочикъ Ашурбай. 1896 года» (тарҷума: «Гурӯҳи саворагон 25 августи соли 1896 омаданд: сардор Яков Чернов, ҷигит Николай Каплун ва тарҷумон Ашурбой»).<ref name="fn63" />
Гумон меравад, ки дар тамоми ҳавзаҳои Бадахшон сукунати одамон ба як давраи таърихӣ мансуб будааст. Ёдгориҳои манзилӣ ва меъмориву мудофеавии асримиёнагии ғарби Бадахшон, ки дар деҳаи Баравни ҷамоати деҳоти Водхуд воқеанд ва аз ҷиҳати амнияти ҳарбӣ бисёр муносибу побарҷоянд, бо камоли таассуф, то кунун таҳқиқи шоиста нашудаанд.
Нақшу нигораҳои рӯйи харсангҳои водии Язғулом, ки дар деҳаҳои Жамаг, Андарбоғ ва Мотравн ба даст омадаанд, агарчи ҳанӯз комилан омӯхта нашудаанд, гувоҳи муътамаде аз ҳузури мардум ва сукунати онон аз замонҳои бостонӣ дар ин минтақа ҳастанд. Дар байни ин сангнигораҳо, ки ба навъи умумии петроглифҳои Помиру Бадахшон шабоҳат доранд, тасвири нахчир (бузи кӯҳӣ бо шохҳои калон), саҳнаҳои шикор бо камон, рамзҳои офтобӣ ва изи дасту пойи инсон бештар вомехӯранд; дар мифологияи мардумони эронитабор бузи кӯҳӣ рамзи покиву ҳосилхезӣ ва иртибот бо олами боло дониста мешавад.<ref name="fn56" />
Дар қаламрави Ванҷ, ба монанди дигар минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон, сағонаҳо ва дахмаҳои сангии куҳан низ аз насл ба насл боқӣ мондаанд, ки далели ошкори таърихи чандҳазорсолаи ин сарзамин мебошанд. Чунин иншооти дафнӣ, ки дар ҷойҳои махсуси сангӣ, дар баландиҳо ё ғорҳо бунёд меёфтанд, эҳтимолан боқимондаи анъанаҳои дафнии пешазисломӣ мебошанд; тибқи баъзе оинҳои қадими маҳаллӣ (аз ҷумла эътиқодоти наздик ба дини зардуштӣ), ҷасади фавтида набояд бо унсурҳои муқаддаси табиат – хок, об ё оташ – тамос мегирифт.<ref name="fn56" /> Ҳарчанд имрӯз тамоми аҳолии ноҳия мусулмони суннии ҳанафимазҳабанд ва расму оини дафни исломиро ба таври қатъӣ риоя мекунанд, мавҷудияти ин сағонаву дахмаҳо аз як давраи гузариши тӯлонии фарҳангӣ ва қабатҳои гуногуни динию эътиқодӣ дар минтақа хабар медиҳад.
Ёдгориҳои бостонии Помири Ғарбӣ, аз ҷумла мавзеъҳои қаламрави Ванҷ, дар силсилаи бунёдии «Харитаи бостоншиносии Тоҷикистон» – муҷаллади марбут ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки бостоншинос М. А. Бубнова таълиф намудааст ва ёдгориҳои давраи сангро то садаи XX фаро мегирад, – ба қайд гирифта шудаанд.<ref name="fn64">Бубнова М. А. Горно-Бадахшанская автономная область. Западный Памир (памятники каменного века --- XX в.). --- Душанбе, 2008. --- (Археологическая карта Таджикистана).</ref>
Илова бар ёдгориҳои меъморӣ ва дафнӣ, мероси беназири саноатии Ванҷ – боқимондаҳои кӯраҳои қадимии оҳангудозӣ (домнитсаҳо) – низ бахши муҳими осори таърихии ноҳия ба шумор мераванд. Тибқи маълумоти иқтисоддон И. Е. Ходоров, ки соли 1929 таҳлилҳои М. С. Андреевро дар бораи ин ҳунар тасдиқ ва иқтибос овардааст, дар боварҳои мардумии ванҷиён металли ҳосили ин кӯраҳо на танҳо арзиши истеҳсолӣ, балки хосияти шифобахш низ дошт: маҳсули онро «барои табобати ҳар гуна бемориҳо пешбинӣ карда, ба ҷойи дардманд мегузоштанд».<ref name="fn48" /> Ин боварҳо нишон медиҳанд, ки осори саноатии Ванҷ бо мероси ғайримоддӣ ва эътиқодоти мардумӣ пайванди зич доштааст, ва имрӯз боқимондаҳои ин кӯраҳо, харобаҳои коргоҳҳо ва партовҳои маъданӣ (шлакҳо) дар дараҳои Ванҷ метавонанд ҳамчун мавзеи нодири «бостоншиносии саноатӣ» мавриди пажӯҳиши минбаъда қарор гиранд.
Сарчашмаи аввалини сабти илмии ин ҳунар – 23 сол пеш аз рисолаи Андреев (1926) – низ ба Семёнов тааллуқ дорад:
«Богатыя залежи желѣзной руды въ верховьяхъ р. Ванджа даютъ горцамъ Ванджской долины неисчерпаемый матеріалъ для различнаго рода желѣзныхъ издѣлій, которыя удовлетворяютъ самымъ разнообразнымъ требованіямъ домашняго обихода горныхъ таджиковъ и потому расходятся изъ этой огромной кузницы, какова долина Ванджа, по всему Дарвазу, Каратегину и Язгуляну, проникая даже въ отдаленные и трудно достижимые уголки Рошана, Шугнана и Вахана.»
Тарҷума: «Захираҳои бойи маъдани оҳан дар болооби рӯди Ванҷ ба кӯҳистониёни водии Ванҷ маводи беохири намудҳои гуногуни маснуоти оҳанӣ медиҳанд, ки эҳтиёҷоти гуногуни рӯзгори тоҷикони кӯҳӣ қонеъ мегардонанд ва аз ин кӯрахонаи азим, яъне водии Ванҷ, ба тамоми Дарвозу Қаротегину Язғулом паҳн мешаванд, ҳатто ба гӯшаҳои дурдасту дастнораси Рӯшону Шуғнону Вахон низ ворид мегарданд».<ref name="fn65">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 62.</ref>
Семёнов инчунин номи мушаххаси деҳаеро сабт кардааст, ки дар он раванди коркарди оҳанро шахсан мушоҳида намудааст: «Самый способъ добыванія желѣза намъ пришлось наблюдать во кишлакѣ Сытаргъ, на Ванджѣ» (тарҷума: «Худи усули истихроҷи оҳанро мо тавонистем дар кишлоки Сытарг, дар Ванҷ, мушоҳида кунем»).<ref name="fn65" /> Ӯ ҳамчунин тавсифи мубодилаи тиҷоратии маснуоти оҳании Ванҷро бо минтақаҳои ҳамсоя овардааст: «Эти издѣлія находять большой сбыть на рынкахъ Кал'аи-Хума и въ сосѣднихъ долинахъ: Язгуляна и Оби-Хингоу, причемъ продажа на деньги совершается очень рѣдко; обыкновенно вещи мѣняются на тѣ, которыя необходимы таджикамъ Ванджа» (тарҷума: «Ин маснуъот дар бозорҳои Қалъаи Хум ва водиҳои ҳамсоя – Язғулому Оби-Ҳингов – фурӯши хубе меёбанд, вале фурӯш ба пул хеле кам сурат мегирад; одатан молҳо ба он чизҳое иваз мешаванд, ки барои тоҷикони Ванҷ зарур аст»).<ref name="fn66">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 64.</ref>
== Мардум ==
Аксарияти аҳолии ноҳия тоҷиконанд; инчунин теъдоди ангуштшумори русҳо ва намояндагони халқҳои дигар низ зиндагӣ мекунанд. Аҳолии ноҳия аз рӯи диёнат мусулмони суннии ҳанафимазҳабанд.<ref name="fn1" />
Дар бораи мазорҳои муқаддаси эҳтиромшавандаи Ванҷ дар охири асри XIX, капитан Кузнецов чунин сабт кардааст:<blockquote>«Населеніе Дарвоза не отличается особой набожностью и имѣетъ весьма малое число молитвенныхъ домовъ–мечетей, по за то въ Дарвозѣ есть нѣсколько могилъ святыхъ, весьма почитаемыхъ жителями. Наибольшимъ почитаніемъ отличаются могилы: Хазретъ-и-Бурхъ на р. оби-Мазаръ, Пой-Маваръ-Хазретъ-Садыръ-Сеибъ въ верховьяхъ р. Ванчъ и Ходжа-и-Миратбашъ-Султанъ-Сеидъ на сѣверномъ склонѣ Дарвозскихъ горъ, противъ кишлака Кальпъ.»</blockquote>Тарҷума: «Аҳолии Дарвоз бо диндории хосае фарқ намекунад ва шумораи хонаҳои ибодат — масҷидҳо — дар он хеле кам аст, вале дар ивазаш, дар Дарвоз якчанд мазори авлиё ҳаст, ки сокинон онҳоро сахт эҳтиром мекунанд. Бештарин эҳтиромро мазорҳои зерин доранд: Ҳазрати Бурх дар канори дарёи оби-Мазор, Пойи Маварҳазрати Содирсаиб дар болооби дарёи Ванҷ ва Хоҷаи Миротбоши Султонсаид дар нишеби шимолии кӯҳҳои Дарвоз, рӯ ба рӯи кишлоки Калп».<ref name="kuznetsov1893-p65">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 65.</ref>
Бар асоси омори саршумории саросарии Иттиҳоди Шӯравӣ аз соли '''1939''', аҳолии Ванҷ 9218 нафар буд: 9031 нафарашон ванҷиёни бумӣ, 134 нафар – рус, 6 нафар – тотор, 5 нафар – узбак ва 1 нафар – қазоқ.<ref name="fn67">[https://www.demoscope.ru/weekly/ssp/ussr_nac_39_ra.php?reg=1166 Всесоюзная перепись населения 1939 года. Национальный состав населения районов, городов и крупных сёл союзных республик СССР: Ванчский район] (рус.) // Демоскоп Weekly. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Бино ба омори соли 1979 аҳолии Ванҷ 15 855 нафар ва тибқи омори 1992 – 22 700 нафарро ташкил медод. Тибқи маълумоти расмӣ, соли '''2009''' дар ноҳия 30 700 нафар зиндагӣ мекард ва тамоми аҳолии он деҳотист.<ref name="fn3" /> Тибқи омори соли '''2024''' аҳолии Ванҷ ба 35 400 нафар расид. Бар асоси муқоисаи ин ду омор метавон чунин натиҷагирӣ кард, ки тайи 85 сол суръати миёнаи афзоиши солонаи аҳолии Ванҷ тақрибан 1,6 % будааст. Мардуми водии Язғулом ҳиссаи назарраси аҳолии ноҳияро ташкил медиҳанд.
Азбаски беш аз 90 дарсади масоҳати умумии ноҳия (4430,5 км²)-ро лозурҳо, қуллаҳои баландкӯҳ ва нишебиҳои санглохи корношоям фаро мегиранд, зичии расмии аҳолӣ (тақрибан 7,7-8 нафар дар як километри мураббаъ) манзараи воқеии ҷойгиршавии аҳолиро пурра инъикос намекунад – амалан тамоми сокинон дар як рахи танги қад-қади дарёҳои Ванҷобу Язғулом мутамарказ шудаанд.<ref name="fn3" /> Ин номутаносибии шадид миёни рушди табиии аҳолӣ ва маҳдудияти мутлақи заминҳои корам (соли 2012 ҳамагӣ 1381 гектар, баъдан бо азхудкунии заминҳои нав ба 2601 гектар расида)<ref name="fn3" /> яке аз сабабҳои асосии муҳоҷирати меҳнатии ноҳия маҳсуб мешавад (ниг. бахши [[Ноҳияи Ванҷ|«Муҳоҷирати меҳнатӣ»]]).
{| class="wikitable"
|+'''Динамикаи шумораи аҳолӣ (ҳазор нафар), 1939-2013'''
!'''сол'''
!'''1939'''
!'''1979'''
!'''1992'''
!'''1995'''
!'''2000'''
!'''2002'''
!'''2003'''
!'''2004'''
!'''2005'''
!'''2006'''
!'''2007'''
!'''2008'''
!'''2009'''
!'''2011'''
!'''2012'''
!'''2013'''
|-
|шумора
|9,2
|15,9
|22,7
|28,4<ref name="fn43" />
|28,5<ref name="fn43" />
|28,3<ref name="fn43" />
|29,9<ref name="fn43" />
|30,1<ref name="fn43" />
|28,8<ref name="fn43" />
|30,3<ref name="fn43" />
|33,4<ref name="fn43" />
|29,7<ref name="fn43" />
|30,7<ref name="fn3" />
|30,8
|31,1
|31,3
|}
{| class="wikitable"
|+'''Динамикаи шумораи аҳолӣ (ҳазор нафар), 2014-2024'''
!'''сол'''
!'''2014'''
!'''2015'''
!'''2016'''
!'''2017'''
!'''2018'''
!'''2019'''
!'''2020'''
!'''2021'''
!'''2022'''
!'''2023'''
!'''2024'''
|-
|шумора
|31,7
|31,9
|32,4
|32,9
|33,6<ref name="fn68">Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2019 года. Сообщение Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан (рус.).</ref>
|34,1<ref name="fn68" />
|34,4<ref name="fn69">[https://web.archive.org/web/20210601101228/http:/stat.ww.tj/posts/July2020/macmua_20201.pdf Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2020 года] (рус.) // Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
|34,1
|34,4
|35,1
|35,4
|}
Барои солҳои 1995-2008 омори мазкур (арзиши «умумӣ», яъне аҳолии доимии сабтшуда) бар асоси таҳлили муфассали демографии Р. Масов ва Ҳ. Пирумшоев дар «Файзи истиқлол дар "Боми ҷаҳон"» (Душанбе, 2011, саҳ. 362-363) илова карда шуд. Барои солҳои 1992 ва 2009 бошад, бо мақсади нигоҳ доштани пайдарпаии рақамҳои аллакай сабтшуда аз сомонаи расмии badakhshon.tj, арзиши аслии қаблӣ боқӣ монд.
=== Фарҳанги моддӣ: либоси анъанавӣ ===
Дар шароити сарди кӯҳистони Ванҷу Бадахшон, дар гузашта истифодаи матоъҳои пашмину чармӣ бартарӣ дошт ва мероси бофандагии маҳаллӣ ба истеҳсоли матоъҳои худӣ бо рангҳои табиии гиёҳии кӯҳӣ асос меёфт.<ref name="fn70">[https://www.ddzt.tj/images/2022/10/diss%20sherdilova.pdf Таҳқиқоти этнолингвистии лексикаи гӯйиши тоҷикони водии Ғорон] // Диссертатсия. Санҷида шуд 24 июли 2026.</ref> Либоси занонаи суннатӣ асосан аз курта, эзор, пойафзол, сарбанд ва ороишоти гуногун иборат буд; таърихан ду намуди курта маъмул буд – куртаи якқади камартангу доманвасеъ, ки пиразанон мепӯшиданд, ва куртаҳои камзулчадор бо гиребони буғак (уфуқӣ буридашуда бо зеҳгулу гулдӯзӣ), ки духтарону арӯсон ба бар мекарданд.<ref name="fn71">[[Либоси миллии тоҷикон]] // Википедиа. Санҷида шуд 24 июли 2026.</ref> Дар минтақаи Бадахшон, аз ҷумла Ванҷу Язғулом, унсурҳои хоси либоси кӯҳистонӣ – тоқии мудаввар бо нақшҳои гулдӯзии дақику пӯпак ва ҷӯробҳои ғафси пашмин бо нақшҳои ҳандасии бисёрранг (нақши офтоб, шохи қӯчқор, чалипо ва ғайра) – то имрӯз аҳамияти худро гум накардаанд.<ref name="fn71" />
=== Фарҳанги моддӣ: манзил ва хоҷагии деҳот (тибқи маълумоти асри XIX) ===
Тавсифи қадимтарини хусусиятҳои хоси манзилу хоҷагии Ванҷ ба А. А. Семёнов (1898) тааллуқ дорад. Ӯ анборчаҳои хоси болои сутунро ба қайд гирифтааст: «На Ванджѣ и мѣстами по Пянджу встрѣчаются подъ хижинъ еще небольшіе, съ плоскими крышами, амбарчики (амбаръ) для хлѣба и разнаго скарба... они воткнуты надъ землею на четырехъ (подъ углами) камняхъ или столбахъ» (тарҷума: «Дар Ванҷ ва ҷо-ҷо дар Панҷ, наздики хонаҳо анборчаҳои хурди боми ҳамвор (амбор) барои нону дигар молу ашё вомехӯранд... онҳо болои замин, бар чор санг ё сутуни канҷакӣ гузошта шудаанд»).<ref name="fn72">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 34.</ref>
Дар бораи нақшу нигори деворҳои хонаҳои Ванҷ низ маълумот овардааст: «По Сурхобу и Хингобу, Ванджу и Пянджу на стѣнахъ многихъ хижинъ попадаются и орнаменты въ видѣ пятенъ, различныхъ безпорядочныхъ линій или же въ видѣ дѣтски намалеванныхъ фантастическихъ деревьевъ» (тарҷума: «Дар канори Сурхобу Ҳингов, Ванҷу Панҷ дар деворҳои бисёр хонаҳо нақшу нигор ба шакли доғ, хатҳои бетартиби гуногун ё дарахтони хаёлии кӯдакона кашидашуда вомехӯранд»).<ref name="fn73">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 36.</ref>
Хонаи тобистонаи хоси Ванҷ («чолеб») низ дар ин асар қайд шудааст: «По Ванджу и отчасти на Пянджу, кромѣ описанныхъ зимнихъ помѣщеній, встрѣчаются еще спеціальныя лѣтнія жилища (чолѣбъ), чего нѣтъ нигдѣ въ прочихъ мѣстахъ» (тарҷума: «Дар Ванҷ ва қисман дар Панҷ, ба ғайр аз хонаҳои зимистонаи тавсифшуда, боз хонаҳои махсуси тобистона (чолеб) вомехӯранд, ки дар ҷойҳои дигар вуҷуд надоранд»).<ref name="fn74">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 44.</ref>
Ниҳоят, Семёнов камбизоатии заминҳои Ванҷ ва такягоҳи мардум ба дарахти туг (мевадиҳандаи табиӣ)-ро тавсиф кардааст: «Мѣстами, какъ, напримѣръ, на Вахіо, на Ванджѣ и въ Дарвазъ по Пянджу, гдѣ природа бѣдна и преобладаетъ каменистая почва... существованіе населенія находится въ тѣсной зависимости отъ туга» (тарҷума: «Дар баъзе ҷойҳо, масалан дар Ваҳё, дар Ванҷ ва дар Дарвози канори Панҷ, ки табиат камбизоату хоки санглох бартарӣ дорад... мавҷудияти аҳолӣ ба туг вобастагии зич дорад»).<ref name="fn75">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 56.</ref>
Дар ҳамин китоб, ду намунаи фолклори мардуми Ванҷ низ бори аввал сабт гардидаанд: масали «Инсон ва Мор» ва ҳикояи «Писари вазир», ки ҳарду аз забони як шахси мушаххас – Сохибназар аз деҳаи Техарви болооби Ванҷ – навишта шудаанд: «Записано со словъ Сохиб-Назара, изъ кишлака Техарвъ, въ верховьяхъ р. Ванджа въ Дарвазѣ» (тарҷума: «Аз забони Сохибназар, аз кишлоки Техарв, аз болооби рӯди Ванҷ дар Дарвоз, сабт шудааст»).<ref name="fn76">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 99--100.</ref>
=== Расму оинҳои мотамӣ ===
Маросимҳои марбут ба давраҳои муҳими зиндагии инсон, аз ҷумла маросими мотаму дафн, дар Ванҷу Язғулом хусусиятҳои бениҳоят куҳан ва омехта аз эътиқодоти пешазисломию исломӣ (синкретӣ) то ба имрӯз нигоҳ доштаанд; ин расмҳо аз ҷониби мардумшиносони барҷаста, аз ҷумла М. С. Андреев, И. Л. Моногарова ва А. З. Розенфелд, мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд.<ref name="fn77">[https://khovar.tj/2017/09/rasmu-oin-va-anana-o-dar-ruzgori-mardumi-to-ik-mav-ei-mu-im-dorand/ Расму оин ва анъанаҳо дар рӯзгори мардуми тоҷик мавқеи муҳим доранд] // АМИТ «Ховар», сентябри 2017. Санҷида шуд 24 июли 2026.</ref> Дар ҷаҳонбинии мардуми кӯҳистон марг на анҷоми мутлақ, балки гузариш ба дунёи дигар ва оғози сафари нави рӯҳ дониста мешавад. Аз ҷумла, агар марҳум ҷавон бошад, барои гусели ӯ тобути махсусе бо матоъҳои равшану рангоранг (на сиёҳ) омода мекунанд, ки бо номи «гаҳвораи ноз» маъруф аст – ташбеҳи мустақими марг бо таваллуди дубора дар олами дигар, ки Розенфелд онро расми хеле куҳан ва боқимонда аз тасаввуроти бостонии мардуми ориёӣ арзёбӣ кардааст.<ref name="fn77" />
=== Айлоқравӣ ва расму оинҳои кишоварзӣ ===
Иқтисодиёти суннатии мардуми Ванҷ ба ду унсури ба ҳам вобаста – кишоварзӣ дар водиҳои танги поёнӣ ва чорводорӣ дар чарогоҳҳои баландкӯҳӣ – такя мекунад. Ҳар сол дар аввали тобистон, вақте ки заминҳои поёнӣ барои кишти ғалла, картошка ва сабзавот истифода мешаванд, раванди муҳоҷирати мавсимии подаи чорво ба чарогоҳҳои тобистонаи баландкӯҳ, ки бо номи «айлоқ» маъруф аст, оғоз мегардад.<ref name="fn77" /> Хусусияти ҷолиби ин кӯчиш дар он аст, ки қариб тамоми аҳли деҳа, бахусус занону кӯдакон, дар як рӯзи муайяншуда дастаҷамъӣ ба айлоқ мераванд, дар ҳоле ки қисме аз мардон дар деҳа мемонанд, то корҳои саҳроӣ ва обёрии заминро анҷом диҳанд.
Дар айлоқҳо занон тамоми тобистон машғули ҷӯшидани шир, тайёр кардани маска, равғани зард, дӯғу мосту тарфу ва қурут мешаванд.<ref name="fn77" />
== Забон ==
Мардуми Ванҷ бо гӯиши ванҷии забони тоҷикӣ сухан мегӯянд. Дар водии Язғулом бошад, яке аз [[забонҳои помирӣ]] – [[забони язғуломӣ]] роиҷ аст.
Лаҳҷаи ванҷии забони тоҷикӣ дар водии Ванҷ аз нимаи дуюми асри XIX густариш ёфта, забони бумии помириро, ки бо номи ванҷӣ маъруф буд, дар поёни ҳамин аср аз байн бурд. Забони ванҷӣ наздиктарин хеши забони язғуломӣ буда, ба гурӯҳи «шимолии» забонҳои помирӣ дар қатори язғуломӣ ва (эҳтимолан) саргуломӣ дохил мешуд. Мутахассисон аз байн рафтани онро ба охири асри XIX нисбат медиҳанд; мардумшиносон дар ибтидои асри XX аз ин забон танҳо чанд даҳ вожаро сабт карда тавонистаанд.<ref name="fn78">[https://tapemark.narod.ru/les/363a.html Памирские языки] (рус.) // Лингвистический энциклопедический словарь. --- М.: Советская энциклопедия, 1990.</ref><ref name="fn79">[https://old.bigenc.ru/linguistics/text/2701306 Памирские языки] (рус.) // Большая российская энциклопедия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Лаҳҷаҳои ванҷии забони тоҷикӣ мавзӯи таҳқиқи бунёдии эроншиноси рус А. З. Розенфелд гардидаанд, ки соли '''1964''' дар Ленинград монографияи махсуси «Ванджские говоры таджикского языка»-ро дар ҳаҷми 151 саҳифа ба табъ расонидааст.<ref name="fn80">Розенфельд А. З. Ванджские говоры таджикского языка / ЛГУ им. А. А. Жданова. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- 151 с.</ref> Дар гуфтугӯи мардуми Ванҷ ҷӯйборҳои лозурӣ, ки деҳаҳо дар канораи онҳо бино ёфтаанд, «даргов» номида мешаванд; ба ақидаи Ҳ. Пирумшоев, ин вожа гунаи тағйирёфтаи ибораи «даргоҳи об» аст.<ref name="fn2" /> Аммо дуруст он аст, ки аслаш дарагоб/дараоб (обе ки аз дара меояд) аст, зеро дар форсии миёна "дара" "дараг" навишта ва талаффуз мешудааст.
Бархе донишмандони рус, монанди И. И. Зарубин, А. З. Розенфелд ва дигарон, назарияеро дар бораи вуҷуди куҳанзабони ванҷӣ (русӣ: старованджский язык) ироя кардаанд, ки тибқи он ин забон тақрибан дусад сол пеш аз байн рафта, гӯиши кунунии ванҷӣ ҷойгузинаш шудааст. И. И. Зарубин дар ин маврид мегӯяд:
Забони куҳнаи ванҷӣ дар водии Ванҷ (шохоби рости Панҷ) ва саргуломӣ дар болооби дарёи Саргулом, дар шарқи вилояти Файзободи Афғонистон ривоҷ дошт. Тақрибан дусад сол пеш лаҳҷаҳои тоҷикӣ ҷои онҳоро гирифтанд.
Забони язғуломӣ, ки дар шаш деҳаи ҷамоати Язғулом ба кор меравад, забони бехат аст ва шумораи гӯяндагонаш тақрибан 3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад; аксари язғуломиён дузабонаанд ва забони тоҷикиро низ медонанд.<ref name="fn81">[http://tapemark.narod.ru/les/604b.html Язгулямский язык] (рус.) // Лингвистический энциклопедический словарь. --- М.: Советская энциклопедия, 1990.</ref><ref name="fn82">[https://old.bigenc.ru/linguistics/text/4924529 Язгулямский язык] (рус.) // Большая российская энциклопедия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Таҳқиқи бунёдии ин забон ба қалами эроншиноси маъруф Д. И. Эделман тааллуқ дорад, ки соли '''1966''' дар Маскав монографияи «Забони язғуломӣ»-ро ба табъ расонидааст.<ref name="fn83">Эдельман Д. И. Язгулямский язык. --- М.: Наука, 1966.</ref> Пас аз муҳоҷирати соли '''1954''' бахше аз язғуломизабонон дар ноҳияи Куйбишеви водии Вахш низ сокин шуданд ва забони язғуломӣ то кунун дар он ҷо низ ба кор меравад.<ref name="fn51" />
Дар «Атласи забонҳои дар хатар қарордоштаи ҷаҳон»-и ЮНЕСКО (таҳти таҳрири Кристофер Мозли, соли 2010), забони язғуломӣ ба зумраи забонҳои осебпазир (Vulnerable) дохил гардидааст.<ref name="fn84">Moseley Chr. (ed.) Atlas of the World\\\'s Languages in Danger. --- 3rd ed. --- Paris: UNESCO Publishing, 2010.</ref> Тибқи ҳамин Атлас, аз 15 забони дар хатар қарордоштаи Осиёи Марказӣ, 11-тояш дар Тоҷикистон, бештараш дар ҳудуди ВМКБ, роиҷ аст.<ref name="fn85">[https://old.asiaplustj.info/en/news/tajikistan/society/20170629/unesco-publishes-atlas-of-the-worlds-languages-in-danger UNESCO publishes atlas of the world\\\'s languages in danger] (англ.) // Тоҷикистон Ньюз Азия-Плюс, 29 июни 2017. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Пажӯҳиши ҷомеашиносии забонии Д. Пол, Э. Аббесс, К. Мюллер, К. Тиссен ва Г. Тиссен нишон медиҳад, ки муносибати сокинони водии Язғулом ба ҳарду забон – язғуломӣ ва тоҷикӣ – мусбат аст: забони модарӣ дар зиндагии рӯзмарра пурқувват боқӣ монда, ҳеҷ нишонае аз ҷойивазкунии он бо забони тоҷикӣ мушоҳида намешавад, ҳарчанд забони тоҷикиро низ дар баъзе ҳавзаҳо муфид медонанд.<ref name="fn86">Paul D., Abbess E., Müller K., Tiessen C., Tiessen G. Language Access and Tajik Language Proficiency among the Yazghulami of Tajikistan. --- SIL International, 2010.</ref> Дар пойгоҳи байналмилалии таснифи забонҳо «Глоттолог» забони куҳани ванҷӣ бо рамзи «oldw1238» ва забони язғуломӣ бо рамзи «yazg1240» сабт шудаанд.<ref name="fn87">Glottolog 5.0, коди «oldw1238» (забони куҳани ванҷӣ) ва «yazg1240» (забони язғуломӣ).</ref>
== Бахшбандӣ ==
Бар асоси Қонуни тақсимоти маъмурию ҳудудии кишвар, ноҳияи Ванҷ аз 1 шаҳрак (Ванҷ) ва 6 [[ҷамоат]] иборат аст:<ref name="fn88">Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. --- Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013. --- 332 с.</ref>
{| class="wikitable"
|+'''Ҷамоатҳои ноҳияи Ванҷ'''
!'''Ҷамоат'''
!'''Аҳолӣ (нафар)'''
!'''Деҳаҳо'''
|-
|ба номи Маҳмадулло Абдуллоев
|10 983
|Бичхарв, Бодалд, Ускроғ, Роғ, Дашти Роғ, Панҷшанбеобод, Убари Даргов, Рохарв, Гушхун, Ғумаяк, Бовуд, Одешт, Ҷангали Зуго
|-
|Водхуд
|2178
|Пшихарв, Даштак, Лугад, Бунига, Узбай, Лахш, Баравн, Баравни Таг, Баравни Тор, Ваҳдат, Вравз
|-
|Ҷовидон
|4201
|Бунай, Рав, Жовуд, Потов, Арнавад, Убго
|-
|Рованд
|5573
|Ширговад, Ғиҷоваст, Мудеҳарв, Вишхарвак, Старғ, Ғӯмас, Мурғутга, Рованд, Гармчашма, Ван-Ван, Сунгад, Поймазор
|-
|Техарв
|3401
|Гич, Садвадг, Сед, Шаврӯ, Техарв, Чихох, Удоб, Равгада
|-
|Язғулом
|6065
|Мотравн, Вишхарв, Будун, Шавуд, Андарбоғ, Жамаг
|}
Дар санадҳои расмии солҳои охир ҷамоати марказии ноҳия бо номи «деҳоти Маҳмадулло Абдуллоев» зикр мегардад.<ref name="fn4" />
Барои муқоиса, тибқи гузориши капитан Кузнецов, дар соли 1892 бекигарии Дарвоз (ки Ванҷ ҷузъи он буд) ба 11 амлокдорӣ тақсим мешуд:<blockquote>«Въ административномъ отношеніи Дарвозское бекство дѣлится на 11 амилякдарствъ: Чиль-Даринское, Тавиль-Даринское, Сагри-Даштское, Кала-и-Хумбское, Шикайское, Куфское, Хагонское, Май-Майское, Джумарчское, Ванчское, Вахія-болё и два особыхъ отдѣла–Язгулемскій и Тангъ-Шивскій.»</blockquote>Тарҷума: «Аз ҷиҳати маъмурӣ, бекигарии Дарвоз ба 11 амлокдорӣ тақсим мешавад: Чилдарин, Тавилдарин, Сағридашт, Қалъаи Хумб, Шикай, Куф, Ҳагон, Маймай, Ҷумъарҷ, Ванҷ, Ваҳиёи Боло ва ду шӯъбаи алоҳида — Язғулом ва Тангшив».<ref name="kuznetsov1893-p68-1">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 68.</ref>
Аз ин тақсимот бармеояд, ки Ванҷ дар соли 1892 аллакай ҳамчун амлокдории алоҳида, ва Язғулом ҳамчун шӯъбаи (отдели) ниммустақилу ба таври алоҳида идорашаванда фарқ карда мешуданд — падидае, ки то андозае бо бахшбандии имрӯзаи ноҳия, ки дар он Язғулом ҷамоати алоҳида аст, монандӣ дорад.
== Хоҷагидорӣ ==
Соҳаҳои асосии хоҷагидории ноҳия ғаллакорӣ, чорводорӣ, боғдорӣ ва сабзавоткорист; дар замони шӯравӣ тамокукорӣ низ соҳаи асосӣ буд. Соли '''1939''' дар тамоми ВМКБ 123 колхоз мавҷуд буд, аз ҷумла дар Ванҷ 30 колхоз таъсис дода буданд.
Водии Водхуд аз қадим бо ҳосилхезии замин ва фаровонии тути худ ном баровардааст: захираи ғалла ва меваи хушки ин мавзеъ (тут, зардолу, себ) на танҳо сокинони маҳаллӣ, балки деҳоти камзамини ҳамсояро низ аз танқисӣ мераҳонд ва ибораи мардумии «тути Водхуд пухт, имсол ҳам ҷон ба саломат бурдем» аз ҳамин воқеият бармеояд.<ref name="fn2" />
Дар ноҳия 53 хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд аст. Майдони умумии заминҳои хоҷагӣ 14 417 гектар аст, аз ҷумла заминҳои корам – 1381 гектар (2012), чарогоҳҳо – 1219 гектар, боғҳо – 734 гектар. Тибқи омори соли '''2012''' дар ноҳияи Ванҷ 2478 тонна ғалла, 1924 тонна гӯшт, 1 млн дона тухм, 3742 тонна шир, 157 тонна чормағз, 6353 тонна сабзавот ва 11 295 тонна картошка ба даст омад. Бар асоси омори соли '''2011''', шумораи чорво дар хоҷагиҳо чунин буд: гов – 15 234 сар, гӯсфанду буз – 32 498 сар.
Дар давоми даҳсолаи охир сохтори хоҷагидории ноҳия ба таври куллӣ дигаргун шуд: ба ҷои 53 хоҷагии деҳқонии соли 2012, имрӯз 14 ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ 120 хоҷагии инфиродиро бо фарогирии 3217 саҳмдор муттаҳид месозад.<ref name="fn89">[https://jumhuriyat.tj/6928-van-rushdi-soai-kishovarz-dar-noija.html Ванҷ. Рушди соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия] // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Майдони умумии заминҳои корам ба 2601 гектар расидааст, ки аз он бештар аз 1080 гектарро боғҳои мевадиҳанда ташкил медиҳанд; танҳо дар бист соли охир 282 гектар замини нав аз худ карда шудааст.<ref name="fn90">[https://khovar.tj/2025/11/dar-no-iyai-van-so-ai-bo-parvar-rushd-meyobad/ Дар ноҳияи Ванҷ соҳаи боғпарварӣ рушд меёбад] // АМИТ «Ховар», 18 ноябри 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Тибқи таҳлилҳои муқоисавӣ, дар зарфи се даҳсолаи охир истеҳсоли ғалладонагиҳо тақрибан 6 баробар, картошка 8 баробар, сабзавот 16 баробар ва мева 42 баробар афзудааст.<ref name="fn91">[https://jumhuriyat.tj/print:page,1,1536-van-ashni-istilol-mondagor-hoad-bud.html Ванҷ. Ҷашни истиқлол мондагор хоҳад буд] // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Танҳо то охири моҳи октябри соли 2025 аз боғоти ноҳия 2205 тонна меваи тару тозаву хушк ба бозорҳои хориҷӣ ва шаҳрҳои калони ҷумҳурӣ содирот гардид,<ref name="fn90" /> ва моҳи августи соли 2023 кишоварзони ноҳия дар ярмаркаи Боғи «Куруши Кабир»-и Душанбе зиёда аз 13 тонна маҳсулоти тару тоза ба сокинони пойтахт пешниҳод карданд.<ref name="fn92">[https://khovar.tj/2023/08/namoish-fur-shi-ma-suloti-kishovarz-az-onibi-kishovarzoni-no-iyai-van-ma-suloti-mavridi-niyozi-avval-ba-sokinoni-dushanbe-peshni-od-gardid/ Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби кишоварзони ноҳияи Ванҷ] // АМИТ «Ховар», августи 2023. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Аз соли '''2009''', вақте ки дар ноҳия аввалин ду гармхонаи намунавӣ ба кор дароварда шуданд,<ref name="fn93">[https://khovar.tj/2009/08/dar-van-1206-garmhona-1202-o-ba-kor-daromadand/ Дар Ванҷ гармхонаҳо ба кор даромаданд] // АМИТ «Ховар», августи 2009. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> технологияи гармхонагӣ дар қисматҳои поёнии ноҳия паҳн шудааст. Дар давраи охир, дар ҳамкорӣ бо мутахассисони минтақаи илмӣ-таҷрибавии «Ҷангали Зуго»-и Институти биологии Помир, соҳибкор Ҳайдар Фаёзов аз деҳаи Гишхун дар ноҳия парвариши озмоишии лимӯ ва дигар меваҳои ситрусиро оғоз кард – навъе, ки то ҳол дар ВМКБ танҳо хоси баъзе минтақаҳои ноҳияи Дарвоз буд.<ref name="fn94">[https://jumhuriyat.tj/print:page,1,3033-van-avlavijat-ba-rushdi-limparvar.html Ванҷ. Авлавият ба рушди лимӯпарварӣ] // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Чорводорӣ ва занбӯриасалпарварӣ ===
Дар муқоиса бо давраи пеш аз истиқлол, дар ноҳия саршумори чорвои калону майда дар маҷмуъ 2 баробар, истеҳсоли гӯшт 4 баробар ва истеҳсоли тухм 31 баробар афзудааст.<ref name="fn91" /> Тибқи омори соли 2023, саршумори чорвои калони шохдор ба 17 135 сар (нисбат ба 15 234 сар дар соли 2011) ва моли майда (гӯсфанду буз) ба 41 000 сар (нисбат ба 32 498 сар) расидааст; ҳамчунин дар хоҷагиҳои ноҳия 41 350 сари парранда ва 1082 оилаи занбӯри асал ба қайд гирифта шудааст.<ref name="fn91" /><ref name="fn89" /> Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди занбӯриасалпарвариро яке аз воситаҳои пасткунандаи камбизоатӣ ва таъминкунандаи шуғли деҳот муайян кардааст.
Сарватҳои зеризаминии ноҳия: пахтасанги кӯҳӣ (асбест), молибден, мармар ва ғайра; инчунин конҳои никел, оҳансанг ва оҳак мавҷуданд.
=== Муҳоҷирати меҳнатӣ ===
Мисли аксари минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон, иқтисодиёти хонаводаҳои Ванҷ ба таври назаррас аз муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳаволапулиҳо вобаста аст. Тибқи арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ аз моҳи ноябри соли '''2025''', ҳаволапулиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ беш аз 30 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд ва, гарчанде вобастагӣ ба ин маблағҳо сатҳи камбизоатиро коҳиш додааст, нобаробарии даромад (нишондиҳандаи Гини) аз 32 то 38 дар байни солҳои 2021 ва 2023 афзудааст; ВМКБ дар қатори минтақаҳое зикр шудааст, ки бо маҳдудиятҳои шадиди ҷуғрофиву иқлимӣ рӯбарӯянд.<ref name="fn95">[https://www.worldbank.org/en/country/tajikistan/publication/poverty-and-equity-assessment Tajikistan Poverty and Equity Assessment] (англ.) // Бонки Ҷаҳонӣ, ноябри 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Пажӯҳиши умумимиллии соҳаи тандурустӣ доир ба муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон нишон додааст, ки дар байни панҷ минтақаи кишвар (Душанбе, ВМКБ, Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ), ҳиссаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар аҳолии ВМКБ (49,59 фоиз аз намунаи пажӯҳишӣ) назар ба дигар минтақаҳо (камтар аз 32 фоиз) хеле баландтар будааст.<ref name="fn96">[https://www.ncbi.nlm.nih.gov/pmc/articles/PMC11679146/ Inclusion of Labor Migrants as a Potential Key Population for HIV: A Nationwide Study from Tajikistan] (англ.) // PMC/NCBI. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар маҷмуи умумимиллӣ, беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон ҳарсола барои кор ба Русия мераванд; ҳаволапулиҳо дар соли 2013 қариб нисфи маҷмуи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медоданд, ки то соли 2018 ба тақрибан 30 фоиз (2,2 миллиард доллари ИМА) коҳиш ёфт.<ref name="fn97">[https://www.migrationpolicy.org/article/dependent-remittances-tajikistan-prospects-dim-economic-growth Dependent on Remittances, Tajikistan\\\'s Long-Term Prospects for Economic Growth and Poverty Reduction Remain Dim] (англ.) // Migration Policy Institute. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Саноат ===
Дар ноҳия корхонаҳои хурди саноатӣ – сехи чӯҷабарорӣ, заводи хишти «Лугад», ҶДММ «Хрустал» – фаъолият доранд. Дар Ванҷ бозорҳои марказӣ ва марзӣ низ амал мекунанд.
'''25 июни соли 2025''' дар ноҳия корхонаи истеҳсоли калсит, коркарди мармар ва сангҳои ороишии ҶСК «Мармар Стоун» ба кор шурӯъ кард, ки иқтидори солонаи он 40 ҳазор тонна маҳсулот буда, 40 сокини маҳаллиро бо ҷои кори доимӣ таъмин намудааст. Корхона чор хатти истеҳсолӣ дорад ва дар он беш аз 20 навъи санги табиӣ коркард мешавад; иқтидори истеҳсоли тахтасангҳои ороишӣ (мозаика) 10 ҳазор м³ ва коркарди санги мармар 160 ҳазор м³ дар як солро ташкил медиҳад.<ref name="fn98">[https://asiaplus.news/tg/2025/06/25/safari-emomal%d3%a3-ra%d2%b3mon-ba-vmkb-az-van%d2%b7-o%d2%93oz-shud-prezident-dar-in-no%d2%b3iya-kadom-inshootro-ba-istifoda-dod/ Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ аз Ванҷ оғоз шуд. Президент дар ин ноҳия кадом иншоотро ба истифода дод?] // Asia-Plus, 25 июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn99">[https://prezident.tj/event/news/51272 Ифтитоҳи корхонаҳои истеҳсоли калсит, коркарди мармар ва сангҳои ороишии ҶСК «Мармар Стоун» дар ноҳияи Ванҷ] // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
Дар ҳамон рӯз Парки саноатии ноҳия мавриди истифода қарор гирифт, ки дар масоҳати 788 м² ҷойгир буда, 6 корхонаи хурди истеҳсолиро фаро мегирад: истеҳсоли макарон, бандубасти маҳсулоти лӯбиёгӣ, коркарди равғани чормағз, коркард ва бандубасти меваи хушк, истеҳсоли собун ва дару тирезаҳои пластикӣ. Фаъолияти парк дар маҷмуъ 36 сокини маҳаллиро бо кор таъмин мекунад.<ref name="fn98" /><ref name="fn100">[https://prezident.tj/event/news/51284 Ифтитоҳи Парки саноатии ноҳияи Ванҷ] // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
Дар доираи ҳамин парк, инчунин корхонаи коркарди равғани ангат (Hippophae rhamnoides) – растании шифобахши худрӯй, ки дар қад-қади дарёҳои ноҳия фаровон мерӯяд – ба кор шурӯъ кардааст; иқтидори он то 500 килограмм равғани холис дар як сол буда, аз ин ашё то 12 навъи маҳсулоти фармасевтию косметологӣ омода карда мешавад.<ref name="fn101">[https://ctd.tj/2025/06/25/%D0%BF%D1%80%D0%B5%D0%B7%D0%B8%D0%B4%D0%B5%D0%BD%D1%82%D0%B8-%D2%B7%D1%83%D0%BC%D2%B3%D1%83%D1%80%D0%B8%D0%B8-%D1%82%D0%BE%D2%B7%D0%B8%D0%BA%D0%B8%D1%81%D1%82%D0%BE%D0%BD-%D1%8D%D0%BC%D0%BE%D0%BC-95/ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ] // Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ, июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Пеш аз таъсиси ин корхона, дар деҳаи Ғуҷоваст соҳибкорзан Васила Ғафурова коргоҳи хурди коркарди ангатро таъсис дода буд, ки маводи он берун аз ноҳия низ харидор пайдо кардааст.<ref name="fn98" /> Барои дастгирии соҳибкории хурду миёна дар солҳои 2018-2019 ба соҳибкорони ноҳия зиёда аз 6,5 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шудааст.<ref name="fn102">[https://www.president.tj/event/domestic_trips/16739 Сафарҳои дохилӣ] // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Энергетика ===
Дар Ванҷ чандин неругоҳи хурди барқи обӣ (НБО) фаъолият мекунад. Аз ҷумла, НБО-и «Техарв» дар дарёи Ванҷ бо иқтидори 400 кВт таҷдид гардида, ба шабакаи ягонаи барқи кишвар пайваст карда шудааст; НБО-и «Андарбак» дар водии Язғулом ба шабакаи ширкати «Помир Энерҷӣ» пайваст аст.<ref name="fn103">[http://www.cawater-info.net/best-practices/ru/base/marker/21 Реконструкция МГЭС Техарв на реке Ванч мощностью 400 кВт в Ванчском районе Горно-Бадахшанской автономной области] (рус.) // CAWater-Info. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Таҳлилҳои соли 2021 нишон дода буданд, ки шабакаҳои барқии ноҳия ҳамагӣ 2,6 мегаватт барқ истеҳсол мекунанд, дар ҳоле ки барои фаъолияти пуриқтидори корхонаҳои нави саноати кӯҳӣ (ба мисли «Мармар Стоун») беш аз 5,6 мегаватт лозим буд.<ref name="fn104">[https://khovar.tj/2021/07/310812/ Имсол дар Ванҷ дар 15 гектар боғи нав бунёд карда шуд] // АМИТ «Ховар», июли 2021. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Моҳи '''июни соли 2025''' хатти интиқоли барқи дузанҷираи 35 ва 110-киловолтаи Хоруғ-Рӯшон бо дарозии 67,5 км ва зеристгоҳи «Ҷангал» ба маблағи умумии 114 миллион сомонӣ ба истифода дода шуд, ки интиқоли муназзами неруи барқро ба ноҳияҳои Рӯшон, Ванҷ ва Дарвоз ба маротиб беҳтар мегардонад; ҳамзамон сохтмони хатти 42-километраи интиқоли барқи 110-киловолта аз маркази ноҳияи Рӯшон то зеристгоҳи «Вознавд» оғоз ёфт, ки ба истифода додани он дар нимсолаи аввали соли 2026 пешбинӣ шудааст.<ref name="fn105">[https://khovar.tj/2025/06/suhanronii-prezidenti-um-urii-to-ikiston-peshvoi-millat-emomal-ra-mon-dar-mulo-ot-bo-ro-baron-va-faoloni-viloyati-muhtori-k-istoni-badahshon/ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон] // АМИТ «Ховар», июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Нақлиёт ===
Нақлиёти ноҳия асосан автомобилист; як фурудгоҳи хурд ҳам дар шаҳраки Ванҷ (Рохарв) вуҷуд дорад. Қаламрави ғарбии ноҳия дар масири шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Мурғоб-Қулма қарор дорад; лоиҳаи таъмиру таҷдиди қитъаи ин шоҳроҳ аз Қалъаихумб то Ванҷ ва сарҳади ноҳияи Рӯшон арзиши умумии 2,5 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки то имрӯз корҳо ба маблағи 900 миллион сомонӣ анҷом ёфтаанд.<ref name="fn106">[https://president.tj/node/23600 Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ванҷ] // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> '''25''' июни соли 2025 '''роҳи мошингарди маркази ноҳия то нуқтаи пайвастшавӣ ба''' ин шоҳроҳ, иборат аз ду хатти ҳаракат бо дарозии умумии 16 км, пас аз таҷдид ба истифода дода шуд; дар дарозои роҳ истгоҳҳои нақлиётӣ ва гузаргоҳҳо барои пиёдагардон бунёд гардидаанд.<ref name="fn98" /><ref name="fn107">[https://prezident.tj/event/news/51268 Ифтитоҳи роҳи маркази ноҳияи Ванҷ то нуқтаи пайвастшавӣ ба шоҳроҳи Душанбе--Кулма] // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
'''23 июни соли 2025''' ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» пас аз ёздаҳ соли танаффус (парвози охирин соли '''2014''' сурат гирифта буд) хатсайри ҳавоии Душанбе-Ванҷ-Душанберо аз нав кушод: парвози нахустин бо 15 мусофир анҷом ёфт. Парвоз дар ин масир 50 дақиқа тӯл кашида, тибқи ҷадвал ҳафтае як маротиба, рӯзҳои ҷумъа, бо ҳавопаймои Ан-28 иҷро мешавад ва нархи чипта дар як самт 750 сомонӣ муайян гардидааст.<ref name="fn108">[https://asiaplustj.info/tj/node/350087 Оғози парвози ҳавопаймоӣ миёни Душанбе ва Ванҷ. Аввалин парвоз кай ва нархи чипта чанд аст?] // Asia-Plus, июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn109">[https://asiaplustj.info/tj/node/350121 Пас аз 11 сол. Аввалин парвози ҳавопаймо дар масири Душанбе-Ванҷ-Душанбе анҷом ёфт] // Asia-Plus, 23 июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» (қабулшуда '''28 июни соли''' 2024'''),''' 24 '''феврали соли 2026''' дар шафати роҳҳои мошингарди ноҳияи Ванҷ беш аз 2000 '''бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва сояафкану''' мевадиҳанда шинонида шуд.<ref name="fn110">[https://khovar.tj/2026/02/daraht-binshon-dar-shafati-ro-oi-moshingardi-van-besh-az-2000-beh-ni-ol-shinonida-shud/ ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳҳои мошингарди Ванҷ беш аз 2000 бех ниҳол шинонида шуд] // АМИТ «Ховар», 24 феврали 2026. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Фарҳангу маориф ==
Пеш аз инқилоб аҳолии маҳаллии Ванҷ дар масҷидҳо ва хонаҳои муллоён хатту савод меомӯхтанд ва на ҳама ақшори мардум фурсат ва имкони саводомӯзӣ доштанд. Аз ин рӯ нисбати саводнокӣ дар миёни онҳо хеле паст буд ва ба сахтӣ метавонист ба 3-10 % бирасад. Саводомӯзии саросарии аҳолиро ҳукумати шӯравӣ ба роҳ монд.
Соли '''1926''' нахустин мактаб дар минтақа фаъолияти худро оғоз намуд: дар он танҳо 1 муаллим – Одил Боқиев (аз деҳаи Чихох) кор мекард ва 25 талаба дар он ҷо дарс меомӯхтанд. Соли 1930 шумораи муаллимон ба 7 нафар расид. Дар авохири даҳаи 30-юми асри XX тақрибан дар ҳамаи маҳалҳои сераҳолии деҳшӯроҳои Ванҷ мактабҳои ибтидоӣ таъсис ёфтанд, ки бештари бачагону наврасон дар онҳо таҳсил мекарданд.
Тобистони соли '''1941''' (дар арафаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ) дастгоҳи кинонамоишдиҳӣ дар Ванҷ сохта, ба марҳалаи истифода расид. Соли 1941 дар вилоят 41 китобхона вуҷуд дошт, аз ҷумла китобхонаи ноҳиявӣ дар маркази Ванҷ ва 12 чойхонаи сурх. Дар аввали моҳи апрели соли 1930 дар яке аз деҳаҳои баландкӯҳи водии Ванҷ – Рованд нахустин маҷлиси ҷавонон баргузор шуд.
Дар соли таҳсилии 2011-2012 дар ноҳияи Ванҷ 50 мактаб, аз ҷумла 23 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 4 мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, 13 мактаби ибтидоӣ, мактаб-интернат ва муассисаи томактабӣ вуҷуд дошт. Дар ҳамин сол дар мактабҳои ноҳия 7437 талаба таҳсил мекард, ки ба онҳо 928 муаллими соҳибмаълумоти олӣ дарс медоданд.
'''25 июни соли 2025''' дар деҳаҳои Мотравн, Будун, Вишхарв, Жамаг, Бунай, Техарв ва Ғиҷовасти ноҳия 7 кӯдакистони нав ифтитоҳ гардид: чор кӯдакистон аз ҳисоби буҷети маҳаллии вилоят ва се кӯдакистони дигар аз ҳисоби сокинони деҳаҳо тариқи ҳашар сохта шудаанд. Ин муассисаҳо аз 20 синфхона иборат буда, барои 380 тарбиятгиранда пешбинӣ шудаанд ва дар онҳо 34 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.<ref name="fn98" /><ref name="fn111">[https://prezident.tj/event/news/51280 Ифтитоҳи 7 кӯдакистон дар ноҳияи Ванҷ] // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
Дар Ванҷ 45 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 1 театр, 13 клуб, 2 автоклуб, 5 хонаи фарҳанг, 25 китобхона бо фонди 114 960 нусха китоб фаъолият мекунад. Рӯзномаи ноҳиявӣ бо номи «Ватан» нашр мешавад.
== Тиб ==
Аввалин иттилои тиббии сабтшуда дар бораи Ванҷ ба гузориши капитан Кузнецов (соли 1892) рост меояд, ки паҳншавии бемории зоб (гулбандварамӣ)-ро дар байни дигар бемориҳои маъмули Дарвоз махсус қайд кардааст:<blockquote>«Изъ другихъ болѣзней особенно развитыхъ въ Дарвозѣ, слѣдуетъ отмѣтить зобъ, главнымъ образомъ по рѣкѣ Ванчъ.»</blockquote>Тарҷума: «Аз дигар бемориҳое, ки дар Дарвоз хеле паҳн шудаанд, бояд зобро қайд кард, ки асосан дар канори дарёи Ванҷ вомехӯрад».<ref name="kuznetsov1893-p51">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 51.</ref>
Соли '''1939''' дар Ванҷ маркази тиббӣ ва бемористоне барои 10 кат сохта шуда буд. Ин иттифоқ дар канори душвориҳои азиме ба вуҷуд омад: то оғози асри XX дар водӣ тибби илмӣ вуҷуд надошт ва сокинон танҳо ба гиёҳдармонӣ ва дуохонӣ такя мекарданд, ки боиси сатҳи баланди фавти модарону кӯдакон мегардид.<ref name="fn45" /> Тибқи як таҳқиқи диссертатсионӣ, гузариш ба тибби муосир бо муқовимати шадид ҳамроҳ буд: соли '''1929''' табиби рус Спажев, ки барои расонидани кумаки аввалияи тиббӣ ба Ванҷ фиристода шуда буд, аз ҷониби дастаҳои босмачӣ ба қатл расонида шуд – ҳодисае, ки соли 1931 бо қатли табиб Олхов дар ноҳияи ҳамҷавори Қалъаихумб такрор ёфт.<ref name="fn112">Диссертатсия // Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ.</ref> Муҳоҷирати маҷбурии соли 1954-и сокинони водии Язғулом ба водии гарми Вахш низ оқибатҳои вазнини беҳдоштӣ – бемории оммавӣ ва фавти зиёди кӯдакон – ба бор овард, ки яке аз сабабҳои бозгашти тадриҷии як қисми муҳоҷирон ба зодгоҳашон гардид.<ref name="fn45" />
Ҳоло дар ноҳия як беморхонаи марказӣ (дар шаҳраки Рохарв, дорои 6 шуъбаи бистарикунонӣ), як беморхонаи минтақавӣ дар водии Язғулом, 22 бунгоҳи тиббӣ, маркази назорати беҳдоштӣ (санитарию эпидемиологӣ) ва 4 дорухона фаъолият доранд. Тибқи маълумоти соли 2023, ба ин шабака 57 310 нафар бемор муроҷиат кардааст – ба ҳисоби миёна беш аз 1,6 маротиба барои ҳар сокини ноҳия дар як сол.<ref name="fn113">[https://jumhuriyat.tj/2991-van-roandozii-tadbiro-dar-samti-tandurust-va-ifzi-itimo.html Ванҷ. Роҳандозии тадбирҳо дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ] // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар сохтори марказии шабака 47 духтури дорои маълумоти олӣ ва 193 корманди миёнаи тиббӣ кор мекунанд; рақами 369 нафар пизишки дорои маълумоти олӣ, ки дар маъхазҳои умумӣ оид ба ноҳия зикр мешавад, эҳтимол тамоми мутахассисони тиббии ҳудуди ноҳияро – аз ҷумла дорухонаҳо, СЭС ва муассисаҳои хусусиро – дар бар мегирад.<ref name="fn113" />
Дар водии дурдасти Язғулом, ки пеш аз истиқлол мардум маҷбур буданд беморони вазнинро тавассути чорвои борбар ба масофаҳои дур интиқол диҳанд, имрӯз як дармонгоҳи минтақавӣ, ду маркази саломатӣ, се бунгоҳи тиббӣ дар деҳаҳои дурдаст ва як таваллудхонаи махсусгардонидашуда фаъолият доранд.<ref name="fn113" /> Дар деҳаи Гармчашмаи ҷамоати Рованд, наздики лозури Ванҷях, як маркази саломатии муосир бо ҳамкории Вазорати тандурустӣ ва Хадамоти ҳифзи сиҳатии Бунёди Оғохон (Aga Khan Health Services) сохта шудааст.<ref name="fn114">[https://khovar.tj/2015/09/iftito-i-markazi-salomat-dar-no-iyai-van/ Ифтитоҳи маркази саломатӣ дар ноҳияи Ванҷ] // АМИТ «Ховар», сентябри 2015. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар доираи барномаи миллии рушди инфрасохтори тиббӣ, соли '''2025''' сохтмони бинои нави Беморхонаи марказӣ барои 120 кат бо арзиши 114 миллион сомонӣ оғоз гардид.<ref name="fn115">[https://president.tj/event/domestic_trips/51302 Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Ванҷ] // Президенти Тоҷикистон, 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Барои ҳалли норасоии кадрҳо, тайи давраи соҳибистиқлолӣ 142 нафар хатмкунандаи ноҳияи Ванҷ дар муассисаҳои олии тиббии ҷумҳурӣ (пеш аз ҳама Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино) таҳсил кардаанд, ки аз ин шумора 40 нафар тавассути квотаи президентӣ буда, соли 2025 боз 22 нафари дигар ба ҳамин квота фаро гирифта шуданд.<ref name="fn115" /> Барномаи «Корвони саломатӣ»-и Вазорати тандурустӣ низ борҳо ба Ванҷ ташриф оварда, ба табибони маҳаллӣ таҷрибаандӯзӣ фароҳам овардааст.<ref name="fn116">[https://khovar.tj/2022/05/korvoni-salomat-sokinoni-no-iya-oi-darvoz-va-van-bo-hizmatrasonii-rojgoni-tibb-faro-girifta-shudand/ «Корвони саломатӣ». Сокинони ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ бо хизматрасонии ройгони тиббӣ фаро гирифта шуданд] // АМИТ «Ховар», майи 2022. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Бо сабаби баландкӯҳ будани минтақа, Ванҷ таърихан ба минтақаҳои паҳншавии бемории ҷоғвар (норасоии йод) мансуб буд; тибқи маълумоти таҳлилӣ, дар натиҷаи стратегияи миллии йодизатсияи намак сатҳи паҳншавии ин беморӣ дар давраи солҳои 2019-2023 то '''72 фоиз''' коҳиш ёфтааст.<ref name="fn117">Авҷи Зуҳал, № 2, 2025.</ref> Бо назардошти сатҳи баланди муҳоҷирати меҳнатии сокинони ноҳия, маркази маҳаллии мубориза бар зидди ВНМО (ВИЧ) корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни ҷавонон пайваста мегузаронад.<ref name="fn113" /> Дар давраи пандемияи COVID-19 Беморхонаи марказии Ванҷ шуъбаи бемориҳои сироятиро ба реҷаи фавқулодда гузаронид, ва моҳи июни соли '''2020''' тибқи барномаи дастгирии Иттиҳоди Аврупо ба ин муассиса таҷҳизоти муҳофизати инфиродӣ (PPE) расонида шуд.<ref name="fn118">[https://www.eeas.europa.eu/sites/default/files/eu_timeframe_for_ppe_distribution_20200611_4.pdf EU timeframe for PPE distribution] // Хадамоти амали берунии Иттиҳоди Аврупо (EEAS), июни 2020. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Беморхонаи марказӣ соли 2014 пурра ба низоми гармкунии барқӣ (аз ҳисоби неругоҳҳои хурди барқи обӣ) гузашт, ҳарчанд барои ҳолатҳои фавқулодда ҳарсола захираи эҳтиётии сӯзишворӣ нигоҳ дошта мешавад.<ref name="fn119">[https://khovar.tj/2014/01/bemorhonai-van-1207-ba-nizomi-garmkunii-bar-1179-1251-guzasht/ Беморхонаи Ванҷ ба низоми гармкунии барқӣ гузашт] // АМИТ «Ховар», январи 2014. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Тибқи санҷиши Агентии амнияти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳо (июли 2024), Беморхонаи марказии Ванҷ талаботи қонунгузории бехатарии радиатсиониро пурра риоя намуда, дараҷаи хатари фаъолияти он «паст» арзёбӣ шудааст.<ref name="fn120">Феҳристи Агентии амнияти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ (cbrn.tj). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Варзиш ==
Ванҷ аз даврони қадим бо гуштигирони номвари худ шуҳратёр буд. Номи паҳлавонони ванҷӣ – Амонат, Сулаймон, Дилдор, Хушдил, Худоӣ, Ҳиммат, Ш. Дилов, Алифбек ва дигарон то кунун ба некӣ ёд мешавад ва қиссаҳои майдондориашон ҳанӯз вирди забони хосу ом аст. Соли '''2024''' гӯштини миллии тоҷикӣ (гӯштингирӣ) дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта шуда, мақоми расман байналмилалӣ касб кард; шумораи мусобиқаҳои ин намуди варзиш дар саросари ҷумҳурӣ аз 485 адад дар соли 2020 то тақрибан 4000 адад дар соли 2022 афзудааст.<ref name="fn121">[https://mfa.tj/tg/brussels/view/12033/gushtini-tojiki-maqomi-bainalmilali-girift Гӯштини тоҷикӣ мақоми байналмилалӣ гирифт] // Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Паҳлавони ванҷӣ Шакармамад Мирмамадов, ки дар якчанд намуди варзиш (ҷудо, кураш, гӯштингирӣ) рақобат мекунад, яке аз муваффақтарин варзишгарони вазни сангини Тоҷикистон дар даҳсолаи охир аст: соҳиби медали биринҷии Бозиҳои XVIII осиёии соли 2018 дар Ҷакарта (ҷудо, +100 кг),<ref name="fn122">[https://www.ozodi.org/a/29463618.html Бозиҳои XVIII осиёӣ: Шакармамад ҳам соҳиби медали биринҷӣ гардид] // Радиои Озодӣ. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> медали тиллои Чемпионати 13-уми Осиё оид ба кураш дар Теҳрон (июни 2024)<ref name="fn123">[https://varzishtv.tj/tj/news/shakarmamad-mirmamadov-a-ramoni-osiye-oid-ba-kurash-/ Шакармамад Мирмамадов қаҳрамони Осиё оид ба кураш] // Варзиш ТВ. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> ва медали тиллои Нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ дар Душанбе (28-31 августи 2024, бо иштироки беш аз 200 варзишгар аз 63 давлат) гардид.<ref name="fn124">[https://khovar.tj/2024/08/varzishgari-to-ik-shakarmamad-mirmamadov-dar-nahustin-chempionati-a-on-oid-ba-g-shtingir-medali-tillo-ba-dast-ovard/ Варзишгари тоҷик Шакармамад Мирмамадов дар нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ медали тилло ба даст овард] // АМИТ «Ховар», августи 2024. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар мусобиқаҳои Наврӯзии байналмилалӣ дар Хоруғ (марти 2025) ва Рашт (апрели 2026) низ ғолиб омада, ҳарду бор соҳиби автомобил гардид.<ref name="fn125">[https://khovar.tj/2025/03/shakarmamad-mirmamadov-barandai-sho-oizai-musobi-ai-bajnalmilalii-g-shtini-mill-dar-sha-ri-horu-gardid/ Шакармамад Мирмамадов барандаи Шоҳҷоизаи Мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ дар шаҳри Хоруғ гардид] // АМИТ «Ховар», 26 марти 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn126">[https://khovar.tj/2026/04/mu-ammadin-shodmon-far-od-va-shakarmamad-so-ibi-sho-oiza-oi-musobi-ai-g-shtini-millii-no-iyai-rasht-shudand/ Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд] // АМИТ «Ховар», 15 апрели 2026. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
'''25 марти соли 2020''' дар ҷамоати деҳоти Язғулом бахшида ба Наврӯз мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ баргузор гардид, ки дар он беш аз 300 нафар паҳлавон на танҳо аз Ванҷ, балки аз Душанбе, Бохтар, Кӯлобу Хоруғ ва ноҳияҳои Дарвозу Рӯшон иштирок карданд.<ref name="fn127">[https://www.old.vkd.tj/index.php/tj/ruydodho/27292-barguzorii-gushtini-mill-dar-yazgulom Баргузории гуштини миллӣ дар Язгулом] // Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар ноҳия беш аз 40 иншооти варзишӣ мавҷуд аст. '''25 июни''' соли '''2025''' дар деҳаи Убари Даргов толори варзишӣ бо масоҳати умумии 615 м², '''иборат аз толори асосӣ, толори тенниси рӯи миз ва ҳуҷраҳои''' ёрирасон, ба истифода дода шуд.<ref name="fn98" /><ref name="fn128">[https://prezident.tj/event/news/51276 Ифтитоҳи толори варзишӣ дар деҳаи Убари Даргови ноҳияи Ванҷ] // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref> Ҳамчунин, '''15''' ноябри соли 2025''', дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар''' деҳаи Андарбоғи ҷамоати Язғулом толори варзишии замонавӣ, ки бо маблағи 480 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст, ба истифода дода шуд.<ref name="fn129">[https://khovar.tj/2025/11/bahshida-ba-r-zi-prezident-dar-de-ai-andarbaki-no-iyai-van-tolori-muosiri-varzish-ba-istifoda-doda-shud/ Бахшида ба Рӯзи Президент дар деҳаи Андарбаки ноҳияи Ванҷ толори муосири варзишӣ ба истифода дода шуд] // АМИТ «Ховар», 15 ноябри 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Пеш аз ин, '''11 сентябри соли 2018''' бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамин ҷамоати Язғулом низ як толори варзишӣ ба истифода дода шуда буд.<ref name="fn130">[https://www.old.vkd.tj/index.php/tj/2020-01-18-07-50-18/khabar-o-bojgon/21050-iftito-i-tolori-varzish-dar-no-iyai-van Ифтитоҳи толори варзишӣ дар ноҳияи Ванҷ] // Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Ба ғайр аз гӯштин, дар солҳои охир волейбол низ дар ноҳия рушд кардааст: дар мусобиқаи маҳаллӣ 7 дастаи волейболи ҷавонон иштирок доранд, ва дастаи ноҳияи Ванҷ дар Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявии волейбол дар ноҳияи Восеъ дар қатори дастаҳои пуриқтидоре чун «Регар ТадАЗ» ва дастаи шаҳри Душанбе иштирок карда, рақобати арзанда нишон додааст.<ref name="fn131">[https://khovar.tj/2025/06/regar-tadaz-dar-musobi-a-oid-ba-volejbol-dar-no-iyai-vose-sazovori-sho-oiza-gardid/ «Регар ТадАЗ» дар мусобиқа оид ба волейбол дар ноҳияи Восеъ сазовори Шоҳҷоиза гардид] // АМИТ «Ховар», июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар Бозиҳои осиёии соли 2018, ки самбо бори аввал ба барномаи он дохил шуда буд, Тоҷикистонро дар қатори дигарон ду варзишгари ҷавон – Ҷомии Ҳасанӣ ва Сомон Сангов – намояндагӣ карданд.<ref name="fn122" />
== Шахсиятҳои маъруф ==
Мулло Муҳаммадёри Ванҷӣ (машҳур ба Мулло Ёр) – шоири маъруфи мардумии тоҷик, зодаи деҳаи Ғумаяки водии Ванҷ; мероси ӯ то имрӯз дар байни мардуми кӯҳистони тоҷик маҳбубият дорад.<ref name="fn2" />
[[Раҳим Масов]] ('''16 ноябри 1939''', деҳаи Мудеҳарви ноҳияи Ванҷ – '''21 июни 2018''', Душанбе) – таърихшиноси барҷастаи тоҷик, доктори илмҳои таърих, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон; солҳои 1988-2015 директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш.<ref name="fn132">[https://khovar.tj/rus/2022/11/akademik-rahim-masov-zhizn-posvyashhennaya-otstaivaniyu-natsionalnyh-interesov-tadzhikistana-segodnya-velikomu-uchenomu-ispolnilos-by-83-goda/ Академик Рахим Масов: жизнь, посвящённая отстаиванию национальных интересов Таджикистана] (рус.) // НИАТ «Ховар», 16 ноябри 2022. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn133">[https://www.asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/society/20180621/segodnya-v-dushanbe-skonchalsya-akademik-rahim-masov Сегодня в Душанбе скончался академик Рахим Масов] (рус.) // Азия-Плюс, 21 июни 2018. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
[[Ҳайдаршо Пирумшоев]] (таваллуд '''30 декабри 1944''', ноҳияи Ванҷ) – таърихшинос, доктори илмҳои таърих, профессор; муаллифи асарҳои «Ванҷ» (М., 2004), «Ванҷи ману ганҷи ман» (Душанбе, 2013) ва таҳқиқоти сершумор оид ба таърихи Бадахшону Помир.<ref name="fn134">[https://asiaplustj.info/tj/node/356410 Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо... 30 декабри соли 2025] // Asia-Plus. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Қодири Қосим (таваллуд '''9 апрели 1961''', ноҳияи Ванҷ) – ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон.<ref name="fn135">[https://khovar.tj/rus/2020/01/predsedatel-federatsii-nezavisimyh-profsoyuzov-tadzhikistana-kodiri-kosim-vydvinut-kandidatom-v-deputaty-madzhlisi-namoyandagon/ Председатель Федерации независимых профсоюзов Таджикистана Кодири Косим выдвинут кандидатом в депутаты Маджлиси намояндагон] (рус.) // НИАТ «Ховар», январи 2020. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Мурувватшо Бачабеков ('''1 майи 1944''' – '''9 сентябри 2023''', деҳаи Баравни ҷамоати Водхуд) – устоди варзиши гӯштингирӣ, ки ӯро бунёдгузори мактаби муосири гӯштини Ванҷ медонанд; солҳои 1972-1994 устоди кафедраи тарбияи ҷисмонии Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) буд.<ref name="fn136">[https://www.bomdod.com/2023/09/12/ustodi-pahlavononi-vanj-muruvvatsho-bachabekov-az-dunyo-raft/ Устоди паҳлавонони Ванҷ Мурувватшо Бачабеков аз дунё рафт] // Бомдод, 12 сентябри 2023. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Маҳмадшариф Сулаймонов (зодаи деҳаи Рованд) – устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ дар гӯштини миллӣ, ки зиёда аз панҷоҳ сол дар майдони паҳлавонӣ фаъолият дорад.<ref name="fn137">[http://hamsafon.tj/10201-sufrai-pa1202lavon1250.html Суфраи паҳлавонӣ] // Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Ҳукумат ==
Сарвари ноҳияи Ванҷ Раиси ноҳия аст, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мегардад.<ref name="fn3" /> Ниҳоди намояндагии ноҳия – Маҷлиси вакилони халқ мебошад, ки аз тарафи мардуми ноҳия ба муддати 5 сол интихоб мешавад. Маълумоти расмӣ дар бораи ноҳия дар сомонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (badakhshon.tj) ҷой дода шудааст.<ref name="fn3" />
Раисони ноҳия дар тӯли фаъолияти маъмурии он борҳо иваз шудаанд; барои мисол, '''17 ноябри соли 2021''' бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷабори Қосим аз мансаби раиси ноҳияи Ванҷ озод карда шуда, ба ҷои ӯ Мардзода Одинашо Миршаб ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия таъин гардид.<ref name="fn138">[https://sputnik.tj/20211117/barkanori-jabbori-qosim-nazarshozoda-vanj-roshtqala-1043601608.html Раисони Ванҷу Роштқалъа барканор шуданд: раҳбарони нав киянд?] // Sputnik Тоҷикистон, 17 ноябри 2021. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Эзоҳ ==
{{Reflist|30em}}
== Манобеъ ==
* Андреев М. С. Выработка железа в долине Ванча (верховья Аму-Дарьи). – Ташкент, 1926.
* Бубнова М. А. Горно-Бадахшанская автономная область. Западный Памир (памятники каменного века – XX в.). – Душанбе, 2008. – (Археологическая карта Таджикистана).
* Бурхан-уд-Дин-хан Кушкеки. Путеводитель по Каттагану и Бадахшану. – Ташкент, 1926.
* Гулшанӣ. Таърихи ҳумоюн. – Душанбе, 2006.
* Искандаров Б. И. Восточная Бухара и Памир во второй половине XIX в. Ч. 1-2. – Душанбе, 1962-1963.
* Камалиддинов Ш. С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX – начала XIII вв. – Ташкент, 1996.
* Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). – Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893.
* Лашкарбеков Б. Б. Старованджский язык (vanǰivor) // Основы иранского языкознания: Среднеиранские и новоиранские языки / под ред. В. А. Ефимова. – М.: Восточная литература, 2008. – С. 61-109.
* Масов Р. М. К истории Ванчской долины // Мероси ниёгон. – Душанбе, 1999. – № 4. – С. 20-30.
* Мушкетов Д. И. Рохаръ (Кала-и-Ванчъ). – Петроградъ: Типографія М. М. Стасюлевича, 1916. – (Отдѣльный оттискъ изъ тома LII (1916 г.) Извѣстій Императорскаго Русскаго Географическаго Общества № 876).
* Пирумшоев Ҳ. Ванҷ. – М., 2004.
* Пирумшоев Ҳ., Зафаров А. Ванҷи ману ганҷи ман (очерки таърихӣ). – Душанбе, 2013.
* Постников А. В. Схватка на «Крыше Мира»: политики, разведчики и географы в борьбе за Памир в XIX веке. – М.: Памятники исторической мысли, 2001. – ISBN 5-88451-100-0.
* Розенфельд А. З. Ванджские говоры таджикского языка / ЛГУ им. А. А. Жданова. – Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. – 151 с.
* Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. – М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903.
* Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. – Душанбе: СИЭМТ, 2013.
* Эдельман Д. И. Язгулямский язык. – М.: Наука, 1966.
* Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. – М.: Наука (ГРВЛ), 1975. – С. 41-62.
* Языки мира: Иранские языки. III. Восточноиранские языки. – М.: Индрик, 2000.
* Moseley Chr. (ed.) Atlas of the World's Languages in Danger. – 3rd ed. – Paris: UNESCO Publishing, 2010.
* Paul D., Abbess E., Müller K., Tiessen C., Tiessen G. Language Access and Tajik Language Proficiency among the Yazghulami of Tajikistan. – SIL International, 2010.
== Пайвандҳо ==
* [https://www.vanjiman.com/ Сомонаи vanjiman.com]
* [https://vanj.info/ Торнамои Ванҷ (vanj.info)]
* [http://badakhshon.tj/?page_id=11224 Саҳифаи ноҳияи Ванҷ дар сомонаи расмии ВМКБ]
* [[c:Category:Vanj_District|Парвандаҳо дар Викианбор (Vanj District)]]
*
{{тоҷикистон-ҷуғ-нопурра}}
{{Тақсимоти маъмурии ВМКБ}}
{{Ноҳияи_Ванҷ}}
[[Гурӯҳ:Ноҳияҳои Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]]
[[Гурӯҳ:Ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]]
[[Гурӯҳ:Ноҳияи Ванҷ]]
turrecnmeg6s48q8z6rwjc39wdcdp3t
1482017
1482016
2026-07-25T20:51:12Z

Қалъаи Ванҷ дар баландии соҳили рости Ванҷоб, дар масофаи 15 км аз резишгоҳи он ба дарёи Панҷ воқеъ гашта буд. Мавқеъияти ин қалъа аз нигоҳи ҳарбию стратегӣ бисёр созгор будааст ва ба муҳофизонаш имкон медодааст, ки муддати тӯлонӣ аз худ дифоъ кунанд. Тавсифи илмии Рохарв ва қалъаи онро ҳанӯз соли '''1916''' узви Ҷамъияти ҷуғрофии Русия Д. И. Мушкетов интишор додааст.<ref name="fn5" /> Дар мақолаи худ, ки натиҷаи боздиди шахсии ӯст, Мушкетов мавқеи стратегии Рохарвро чунин тавсиф кардааст:<blockquote>«Административнымъ центромъ Ванча всегда былъ и есть базарный кишлакъ Рохаръ (или Рохарвъ) въ 40 дворовъ, расположенный на правомъ берегу рѣки, въ двадцати верстахъ выше ея устья, на высотѣ 5.950 футъ, у моста, ведущаго къ перевалу Гушхонъ, запирая собой, слѣдовательно, единственный конный путь на Язгулемъ, Рошанъ и Памиръ. Это важное стратегическое положеніе и было использовано древними правителями Ванча – «Шо», воздвигнувшими здѣсь крѣпость (Кала-и-Ванчъ) и избравшими ее для своей резиденціи.»</blockquote>Тарҷума: «Маркази маъмурии Ванҷ ҳамеша кишлоки бозории Рохар (ё Рохарв) буд ва то ҳол ҳамин аст – бо 40 хонавода, дар соҳили рости дарё, дар бисту версти болотар аз резишгоҳи он, дар баландии 5950 фут, назди пуле, ки ба ағбаи Гушхон мебарад, ва бо ин васила ягона роҳи аспсаворро ба Язғулом, Рӯшон ва Помир мебандад. Маҳз ҳамин мавқеи муҳими стратегӣ буд, ки ҳокимони қадимии Ванҷ – «Шоҳ»-ҳо – истифода бурда, дар ин ҷо қалъа (Қалъаи Ванҷ) бино карданд ва онро барои қароргоҳи худ интихоб намуданд».<ref name="fn59">Мушкетов Д. И. Рохаръ (Кала-и-Ванчъ). --- Петроградъ: Типографія М. М. Стасюлевича, 1916. --- (Отдѣльный оттискъ изъ тома LII (1916 г.) Извѣстій Императорскаго Русскаго Географическаго Общества № 876). --- С. 7.</ref> Мушкетов инчунин интихоби маҳалли қалъаро аз нигоҳи амниятӣ шарҳ додааст:<blockquote>«Мѣсто выбрано весьма хорошо и удобно, на возвышеніи, съ котораго открытый видъ во всѣ стороны, и долина Ванча, какъ на ладони; рѣка отъ стѣнъ крѣпости въ 3 қулочяхъ, но для обезпеченности водоснабженія имѣлся къ ней подземный ходъ; невдалекѣ, на луговинѣ у рѣки, имѣется прудикъ, наполняемый ключемъ теплой, солоноватой воды, предоставляющій идеальное купанье.»</blockquote>Тарҷума: «Ҷой хеле хуб ва мувофиқ интихоб шудааст, дар баландие, ки аз он манзараи кушода ба ҳар тараф дида мешавад ва тамоми водии Ванҷ мисли кафи даст намоён аст; дарё аз деворҳои қалъа дар масофаи 3 қулочӣ ҷой дорад, вале барои таъмини бехатари обтаъминкунӣ роҳи зеризаминӣ ба он вуҷуд дошт; дар наздикӣ, дар марғзори лаби дарё, ҳавзчае ҳаст, ки аз чашмаи оби гарму намакини он пур мешавад ва барои шиноварии беҳамто мувофиқ аст».<ref name="fn59" /> Дар бораи сохти худи қалъа Мушкетов навиштааст:<blockquote>«Постройка, конечно, глинобитная, но довольно массивная, со стѣнами до 4 қулочей высотой, обнесенными съ трехъ сторонъ рвомъ, съ бойницами и пятью угловыми башнями. Внутреннія перегородки частью деревянныя, равно какъ и колонны, балки и двери, тонкой, старинной рѣзной работы.»</blockquote>Тарҷума: «Бино, албатта, гилину похсагин аст, валекин бисёр мустаҳкаму матин, бо деворҳои баланди чаҳорқулоча, ки аз се сӯйи он, хандақе бар гирди он кандаанд, бо тиркашҳову бурҷҳои панҷгонаи кунҷӣ. Деворҳои миёнҷии дохилӣ, қисман, чӯбинанд, ҳамчунин, сутунҳову болорҳову дарҳои он, ки бо кандакории нафису куҳан оростаанд».<ref name="fn59" />
Мушкетов санаи боздиди худ ва оғози кашидани нақшаи қалъаро низ қайд кардааст: «Многое уже разрушено (мое посѣщеніе относится къ 11 іюля 1905 г.), но общее расположеніе еще сохранилось и я, пользуясь обстоятельными поясненіями почтеннаго шейха-токсабы Ванча, снялъ планъ всей крѣпости» (тарҷума: «Бисёр чиз аллакай хароб шудааст (боздиди ман ба 11 июли соли 1905 рост меояд), вале тартиби умумӣ то ҳол нигоҳ дошта шудааст ва ман, бо истифода аз тавзеҳоти муфассали шайх-тӯксабои эҳтиромноки Ванҷ, нақшаи тамоми қалъаро кашидам»).<ref name="fn59" />
Нақшаи қалъа, ки Мушкетов кашидааст, 27 ҳуҷраву қисми қалъаро бо рақам нишон медиҳад, ки шарҳи онҳо чунин аст:<ref name="fn59" />
Ур - обдорхона
Дарвозахона – ҳуҷраи нигаҳбонону дарбонон
Ҳуҷраи навкарҳо
Бадарравхона – ҳоҷатхона
Долон – ҳавлии аспҳо
Ахтахона – оғилхона, ва болои он анборхонаи алаф
Пештоқ – гузаргоҳи пӯшида
Фаррошхона – ҳуҷраи сайисон
Пештоқи дуюм (баландии 3 қулоч)
Гулгунхона – утоқи қабул
Ҳуҷраи худи шоҳ
Қӯрғон – казарма (харобшуда)
Ғуломгардиш – долони мамониаткунандаи дидани занони дар боғ гардандагӣ
Ошхона – ошхона
Роҳрав – долон
Ғуломгард – гузаргоҳ ба қисми занона
Хазина – ҳуҷраи хазинадорӣ
Ҳаммом – ҳаммом
Пештоқи занона
Ҳуҷраи зани шоҳ – тобистона
Ҳуҷраи зани шоҳ – зимистона
Тӯпхона – манора

4zilrs92284ztfo9i89r693e4dg5cx2
1482018
1482017
2026-07-25T20:53:03Z

Гулгунхона – ҳуҷраи пазириши меҳмонон
Ҳуҷраи худи шоҳ
Қӯрғон – сарбозхона (харобшуда)

4vsrf6vpnm0smeglhew1ay0i4imko64
1482019
1482018
2026-07-25T22:59:48Z

}}Ноҳияи Ванҷ (форсӣ: ناحیۀ ونج) – минтақаи таърихӣ ва яке аз ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, воқеъ дар шимолу ғарби вилоят, дар шарқи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Масоҳаташ 4430,5 км² буда, тибқи омори соли 2024 аҳолияш 35 400 нафарро ташкил медиҳад (зичии аҳолӣ тақрибан 8 нафар дар 1 км²). Ҳамчун воҳиди расмии маъмурию ҳудудӣ 29 майи 1933 таъсис ёфтааст.<ref name="fn139">Ванджский район (рус.) // Словари и энциклопедии на Академике (нусхаи мақолаи Википедиаи русӣ, 2010). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Маркази ноҳия шаҳраки Рохарв (форсӣ: راخرو) аст, ки расман шаҳраки Ванҷ ном дошта, дар харитаҳо низ чунин сабт мешавад, вале дар забони мардум то имрӯз бо номи бостонии худ – Рохарв ёд мегардад; шаҳрак 176 км шимолтар аз шаҳри Хоруғ, дар канораи резишгоҳи рӯди Рохарвоб ба Ванҷоб ҷой дорад.<ref name="fn139" /><ref name="fn210">Ванҷ. Маълумоти ҷуғрофӣ (порча аз китоби Ҳ. Пирумшоев ''«Ванҷи ман»'') // Торнамои Ванҷ (vanj.info). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn310">н. Ванҷ (www.vanj.tj) // Сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Тибқи анъанаи маҳаллӣ, тамоми рустоҳоеро, ки аз деҳаи Бунай болотар воқеъанд, ''«Ванҷи Боло»'' меноманд; водиҳои поёниро бошад, на ''«Ванҷи Поён»'', балки бо номҳои таърихии худашон – Язғулом, Водхуд ва Пшихарв – ёд мекунанд.<ref name="fn210" /> Дигар шӯроҳои русто, мисли Водхуд, Язғулом, Рованд ва Техарв, ки фарогири чандин деҳаанд, то кунун номҳои таърихии худро нигоҳ доштаанд. Шӯрои рустои Рохарв дар ҳоли ҳозир чун ҷамоати ба номи Маҳмадулло Абдуллоев<ref name="fn410">Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ толори варзиширо ифтитоҳ намуданд // АМИТ ''«Ховар»'', 25 июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> ва шӯрои рустои Жовид феълан дар шакли ҷамоати Ҷовидон номгузорӣ шудаанд.
Қабл аз вуруди Артиши Сурх ба Ванҷ ва истиқрори низоми шӯравӣ, маркази идории амлокдории Ванҷ дар шаҳраки Рохарв, дар ''«Қалъаи Ванҷ»'' ё ''«Қалъаи Рохарви Ванҷ»'' қарор дошт, ки ҳам қароргоҳи мири Ванҷ ва ҳам маҳалли будубоши гурӯҳаки маҳдуди сипоҳи манғитиён будааст.<ref name="fn510">Мушкетов Д. И. Рохарв (Кала-и Ванч) // Известия Русского географического общества. --- Т. 52. --- 1916.</ref>
Дарёҳои бузургтарини ноҳия – Ванҷоб, Язғулом) ва Панҷ) мебошанд. Ду соҳили дарёи Ванҷоб бо дарозии зиёда аз 100 км бахши умдаи ноҳияро ташкил медиҳад.
== Номшиносӣ ==
Дар сарчашмаҳои русӣ ва адабиёти даврони шӯравӣ номи ноҳия дар шаклҳои ''«Ванч»'' ва ''«Вандж»'' омадааст, ки гунаи русишудаи ҷойноми тоҷикии Ванҷ мебошад.<ref name="fn310" />
Дар боби решаи ин ном ақидаҳо мухталифанд. Донишманди тоҷик Гулшанӣ дар китобаш ''«Таърихи ҳумоюн»'', ки соли 1328 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 1910 милодӣ навиштааст, онро табдилёфтаи номи дарёи Панҷ шумурда, дар бораи диёри Ванҷ мегӯяд:
Қасабаи Ванҷ ба тарафи шарқии Дарвоз, ба таҳти ақабаи Боми Дунё воқеъ аст ва дар он ҷониб манбаи дарёи Омӯя ва Ҷайҳун ва онро Чашмаи Панҷ мегӯянд, аз қуллаи шомихи кӯҳи Боми Дунё набаъон менамоянд. Аз андак масофат, панҷ чашма ба як ҷо ҷамъ мешавад ва ғарбан ҷараён менамояд ва онро чашмаи Панҷ мегӯянд ва он қасабаро Ванҷ меноманд, ки он муҳаррафи Панҷ аст. Оби аввали наҳри Ҷайҳун ҳамин аст.<ref name="fn610">Гулшанӣ. Таърихи ҳумоюн. --- Душанбе, 2006. --- С. 157.</ref>
Тадқиқоти забоншиносии баъдина ин ривояти халқиро тасдиқ намекунад. Эроншиноси маъруф Д. И. Эделман дар пажӯҳиши бунёдии худ ''«Географические названия Памира»'' (''«Номҳои ҷуғрофии Помир»''), ки соли 1975 дар маҷмуаи ''«Страны и народы Востока»'' ба чоп расидааст, решаи вожаи ''«Ванҷ»''-ро мушаххасан шарҳ намедиҳад, балки онро номи аслии худи водӣ мешуморад, ки номи дарёи Ванҷов (Ванҷ + ''«об»'') низ аз он гирифта шудааст.<ref name="fn710">Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. --- М.: Наука (ГРВЛ), 1975. --- С. 41--62.</ref> Тибқи мушоҳидаи ӯ, ҳамсоягони язғуломизабони ин водӣ онро на ''«Ванҷ»'', балки ''«Вауз»'' меноманд, ки ин худ далели дигаре бар куҳансолии эҳтимолии ин ном аст.<ref name="fn710" /> Забони куҳани ванҷии аз байнрафта, ки сокинони маҳаллӣ то охири асри XIX бад-он сухан мегуфтанд, худро ''«vanǰivor»'' меномид,<ref name="fn810">Лашкарбеков Б. Б. Старованджский язык (vanǰivor) // Основы иранского языкознания: Среднеиранские и новоиранские языки / под ред. В. А. Ефимова. --- М.: Восточная литература, 2008. --- С. 61--109.</ref> вале дар адабиёти дастрас пажӯҳише, ки решаи номи ''«Ванҷ»''-ро аз вожаҳои ҳамин забон ба даст оварда бошад, ёфт нашуд. Дар маҷмуъ, Эделман хулоса мебарорад, ки аксари номҳои ҷуғрофии Помири Ғарбию Ҷанубӣ бо ёрии забонҳои имрӯза шарҳнопазиранд, ки ин аз куҳансолии онҳо гувоҳӣ дода, эҳтимоли тааллуқи баъзеи онҳоро ба забонҳои пешин (субстратӣ) нишон медиҳад.<ref name="fn710" />
Худи Д. И. Эделман дар ҳамин мақола сабаби ин дугонагии номро возеҳтар шарҳ дода, чунин овардааст:
''«Иногда различные названия одного и того же пункта отражают различные исторические обстоятельства. Так, населенный пункт — административный центр Ванча имеет два названия. Первое — официальное, значащееся на картах — «Ванч» является редакцией старого названия находившейся здесь когда-то крепости, которая именовалась просто Кала (qala) 'крепость' или Кала-и Вандж 'Ванджская крепость'. Второе — название самого кишлака, которое до сих пор остается в обиходе у местного населения и жителей соседних долин — «Рохарв».»''
Тарҷума: ''«Баъзан номҳои мухталифи як маҳал вазъиятҳои гуногуни таърихиро инъикос менамоянд. Чунончи, маҳалли аҳолинишин — маркази маъмурии Ванҷ — ду ном дорад. Аввалин — номи расмӣ, ки дар харитаҳо зикр мешавад, — «Ванч» аст, ки таҳрирёфтаи номи қадимии қалъаест мебошад, ки замоне дар ин ҷо буд ва онро танҳо Қалъа (qala) ё Қалъаи Вандж меномиданд. Дуюмин — номи худи русто аст, ки то ҳанӯз дар гуфтугӯи мардуми маҳаллӣ ва сокинони водиҳои ҳамҷавор боқӣ мондааст — «Рохарв».»''.<ref name="fn151">Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 42.</ref>
Бинобар ин, то имрӯз дар илми забоншиносии эронӣ решашиносии қатъӣ ва ба таври васеъ пазируфташудаи вожаи ''«Ванҷ»'' пешниҳод нашудааст: ривояти Гулшанӣ дар боло намунаи анъанаи омиёна-таърихии маҳаллист, на натиҷаи таҳлили илмии забонӣ. Мутахассисони соҳа бошанд, ин номро қадимӣ мешуморанд ва эҳтимол медиҳанд, ки он ба давраи пеш аз паҳншавии забони тоҷикӣ дар ин минтақа тааллуқ дошта бошад, бидуни он ки то ба ҳол решаи дақиқи онро муайян карда бошанд.
Номи Ванҷ соли 2023 ба бузургтарин лозури Помир низ гузошта шуд: 31 июли соли 2023 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лозури Федченко расман Ванҷях номгузорӣ гардид, ки ин ном аз ибораи ''«яхи Ванҷ»'' бармеояд.<ref name="fn910">Ледник Ванджях -- один из самых больших ледников Таджикистана и горных систем мира (рус.) // НИАТ ''«Ховар»'', 9 июни 2024. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn1010">СМИ: крупнейший на Памире ледник Федченко переименован в ''«Ванджях»'' (рус.) // Радиои Озодӣ, 20 августи 2023. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Ҷойгоҳ ==
Ноҳияи Ванҷ бо сарзамини 4430,5 км² дар миёни қаторкӯҳҳои Дарвоз ва Язғулом воқеъ аст. Дар шимол бо ноҳияи Сангвор (Тавилдараи пешин), дар шарқ бо ноҳияи Мурғоб, дар ҷануб бо ноҳияи Рӯшон, дар ғарб бо ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ва дар ҷанубу ғарб, аз тариқи рӯди Панҷ, бо ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшони Афғонистон ҳаммарз мебошад.<ref name="fn139" /> Марзи шарқии ноҳияро қаторкӯҳи Академияи илмҳо ташкил медиҳад.<ref name="fn1110">Republic of Tajikistan, map showing administrative division as of January 1, 2004, ''«Tojikkoinot»'' Cartographic Press, Dushanbe.</ref>
Аз шимолу шарқи ноҳия ба ҷанубу ғарби он рӯдҳои Ванҷ) ва Язғулом ҷорӣ мешаванд, ки ба рӯди Панҷ мерезанд. Сарзамини ноҳия ду водии нисбатан васеи Бадахшонро дар бар мегирад. Яке аз онҳо дараи рӯди Ванҷ аст, ки беш аз 150 км дарозо дорад ва аз лозурҳои Ҷамъияти ҷуғрофӣ, Хирсон ва Абдуқаҳҳор оғоз мегирад. Водии дигар дараи рӯди Язғулом аст, ки дар миёни қаторкӯҳҳои Язғулому Рӯшон ҷой гирифтааст. Ин ду водиро аз ҳамдигар қаторкӯҳи Ванҷ ҷудо мекунад.<ref name="fn1110" /> Баландии маҳал аз сатҳи дарё аз 1500 то 5000 метр мебошад.
Дар бораи сабаби номгузории қаторкӯҳҳои атрофи Ванҷ, Д. И. Эделман чунин таваҷҷуҳ медиҳад:
''«Названия хребтов в исконной топонимии не прослеживаются. Те наименования, которые мы видим сейчас на географических картах,— позднейшие. Они даны исследователями в основном по принципу смежности с той или иной долиной. Ванчский хребет отделяет Ванч от Язгулема, Язгулемский хребет — Язгулем от Рушана-Бартанга, Рушанский — долину Рушана от Гунта…»''
Тарҷума: ''«Номҳои қаторкӯҳҳо дар топонимияи аслӣ дида намешаванд. Номҳое, ки мо имрӯз дар харитаҳои ҷуғрофӣ мебинем, аз давраҳои баъдтаранд. Онҳоро муҳаққиқон асосан бар мабнои усули ҳамҷаворӣ бо ин ё он водӣ гузоштаанд. Қаторкӯҳи Ванҷ Ванҷро аз Язғулом ҷудо мекунад, қаторкӯҳи Язғулом — Язғуломро аз Рӯшону Бартанг, қаторкӯҳи Рӯшон — водии Рӯшонро аз Ғунт…»''.<ref name="fn152">Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 47.</ref>
Дарёи Ванҷ (Ванҷоб) 103 км дарозӣ ва 2070 км² ҳавзаи обғундорӣ дорад. Он аз ҳамроҳшавии ду шохоб падид меояд: яке аз лозурҳои нишебии шимолии қаторкӯҳи Ванҷ сарчашма мегирад, дигаре бошад – аз нишебиҳои ғарбии қаторкӯҳи Академияи илмҳо. То резишгоҳи шохоби Кашолаях худи дарё номи Абдуқаҳҳорро дорад; танҳо пас аз ҳамроҳ шудан бо ин шохоб он ба номи Ванҷоб мубаддал мегардад. Сарфи миёнаи солонаи об дар резишгоҳи дарё 49,4 м³/с аст.<ref name="fn1210">Ванч (рус.) // Большая советская энциклопедия. --- 3-е изд. --- М.: Советская энциклопедия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дарёи Язғулом 80 км тӯл кашида, масоҳати ҳавзаи он 1970 км²-ро ташкил медиҳад; қисми болоии он то ҳамроҳшавии дарёи Ракзов Мазордара номида мешавад, сарфи миёнаи об дар поёноби дарё 36,2 м³/с буда, ғизои дарёҳои ноҳия асосан барфию лозурист ва сермобтарин моҳ июл аст.<ref name="fn139" />
Тавсифи муфассали гидрографии дарёи Ванҷро низ капитан Кузнецов ҳанӯз соли 1892 сабт кардааст. Ба гуфтаи ӯ, дарё аз ду шохоб — оби-Кашолаях (аз рост) ва оби-Абдуқаҳҳор (аз чап) — сарчашма мегирад, ки худ аз лозурҳои Куи-Лазурӣ об мегиранд, ва номи муосири шохоби ''«Абдуқаҳҳор»'', ки ҳанӯз дар мақолаи болозикр омада буд, маҳз бо ҳамин навишти асри XIX мутобиқат мекунад:
''«Рѣка оби-Ванчъ, берущая начало двумя рѣками: правой оби-Кашалъ-Аякъ и лѣвой оби-Абдукогоръ изъ ледниковъ Куи-Лазырь, течетъ въ юго-западномъ направленіи въ большинствѣ случаевъ разливаясь на много рукавовъ и образуя массу острововъ–тугаевъ.»''
Тарҷума: ''«Дарёи оби-Ванҷ, ки аз ду рӯд — рости оби-Кашолаях ва чапи оби-Абдуқаҳҳор — аз лозурҳои Куҳи-Лозурӣ сарчашма мегирад, дар самти ҷанубу ғарбӣ ҷараён дошта, дар аксари ҳолат ба бисёр шохобчаҳо тақсим мешавад ва анбӯҳи ҷазираҳо — тӯғайҳоро ба вуҷуд меорад»''.<ref name="fn142">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 32.</ref> Кузнецов инчунин баландии кишлакҳои соҳили дарёи Ванҷро аз сатҳи баҳр чен кардааст: аз резишгоҳи он ба Панҷ (5110 фут) то кишлокҳои Рохарв (6250 фут), Бунай (6590 фут), Техарв (7260 фут), Сытарғ (7670 фут) ва Ванвон (8020 фут); ва дар бораи қаторкӯҳи байни Ванҷу Язғулом, ки имрӯз бо номи қаторкӯҳи Ванҷ маъруф аст, чунин навиштааст:
''«Горный хребетъ, расположенный между рѣками Ванчъ и Язгулемъ, носитъ названіе Ванчскаго. Восточная его часть покрыта вѣчными снѣгами и ледниками, западная–скалистая. Растительности на немъ нѣтъ никакой.»''
Тарҷума: ''«Қаторкӯҳе, ки миёни дарёҳои Ванҷу Язғулом воқеъ аст, номи Ванҷро дорад. Қисми шарқии он бо барфу лозурҳои ҷовидона пӯшида аст, қисми ғарбӣ бошад — сангин; дар он ҳеҷ гуна набототе вуҷуд надорад»''.<ref name="fn152" />
Ванҷ дар соҳили яке аз шохобҳои бузурги рости дарёи Панҷ (болооби Ому), ки бо номи Ванҷоб маъруф аст, ҷой гирифтааст. Масофа аз маркази ноҳия то шаҳри Хоруғ 176 км ва то шаҳри Душанбе 387 км аст.
Тавсифи аввалини илмии ҷуғрофии қаторкӯҳҳои иҳотакунандаи водии Ванҷ ба шарқшиноси рус А. А. Семёнов тааллуқ дорад, ки соли 1898 дар доираи экспедитсияи расмии граф А. А. Бобринский аз ин минтақа дидан карда буд. Ӯ дар китоби худ навиштааст:
''«Часть Дарваза по правую сторону Пянджа (Сѣверный Дарвазъ) занимаетъ западный склонъ Памирскаго плоскогорья: этотъ край изрѣзываютъ глубокими долинами рѣкъ: Пянджа и его притоковъ справа: Оби-Хингоу, Ванджа и Язгулина. Водораздѣломъ этихъ рѣкъ служатъ два высокихъ хребта: Дарвазскій, между рр. Оби-Хингоу и Ванджемъ, и Ванджскій,–между долинами Ванджа и Язгулина... Въ верховьяхъ Ванджа всѣ упомянутыя горныя цѣпи сходятся въ одинъ узелъ и сливаются съ Памирами.»''
Тарҷума: ''«Қисми Дарвоз, ки дар канори рости Панҷ ҷойгир аст (Дарвози Шимолӣ), нишеби ғарбии баландсаҳрои Помирро фаро мегирад: ин канораро водиҳои амиқи дарёҳо буридаанд – Панҷ ва шохобҳои рости он: Оби-Ҳингов, Ванҷ ва Язғулом. Марзи обҷудокунии ин дарёҳоро ду қаторкӯҳи баланд ташкил медиҳанд: Дарвоз – миёни рӯдҳои Оби-Ҳингову Ванҷ, ва Ванҷ – миёни водиҳои Ванҷу Язғулом... Дар болооби Ванҷ ҳамаи ин қаторкӯҳҳои зикршуда ба як гиреҳ мепайванданд ва бо Помир мепайванданд»''.<ref name="fn162">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 6.</ref>
Дар ҳамин гиреҳи кӯҳӣ, ки қаторкӯҳҳои Ванҷу Дарвоз бо Помир мепайванданд, Семёнов ағбаи баландеро ба қайд гирифтааст, ки ба болооби Ванҷ мебарад: ''«Въ этомъ горномъ узлѣ лежить на высотѣ свыше 15 тыс. футовъ надъ уровнемъ моря перевалъ Сытаргй въ долину р. Вандж, или Ванча»'' – тарҷума: ''«Дар ҳамин гиреҳи кӯҳӣ, дар баландии зиёда аз 15 ҳазор фут аз сатҳи баҳр, ағбаи Сытаргӣ ба водии дарёи Вандж (Ванҷ) ҷойгир аст»''.<ref name="fn172">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 7.</ref>
=== Лозурҳо ва қуллаҳо ===
Болооби дараи Ванҷ, ки дар он ҷо рӯд номи Абдуқаҳҳор (Абдукагор)-ро дорад, аз калонтарин марказҳои лозурии Помир ба шумор меравад. Бузургтарин лозури ҳавзаи рӯди Ванҷ лозури Ҷамъияти ҷуғрофӣ мебошад, ки дар маҳалли пайвастшавии қаторкӯҳҳои Академияи илмҳо ва Дарвоз ҷой гирифта, дарозиаш 24,2 км ва масоҳаташ 64,4 км² аст. Ин лозур соли 1882 кашф гардида, соли 1928 ба шарафи Ҷамъияти ҷуғрофии Русия номгузорӣ шудааст.<ref name="fn182">Ледник Географического общества на Памире тает (рус.) // Сомонаи расмии Ҷамъияти ҷуғрофии Русия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар ҳавзаи Абдуқаҳҳор, дар нишебии ғарбии қаторкӯҳи Академияи илмҳо, лозури Хирс (дар адабиёти илмии русӣ – Медвежий) воқеъ аст, ки бо ҳаракатҳои даврии ногаҳонии худ (сёрҷ) дар ҷаҳон шуҳрат дорад. Дарозии лозури Хирс 15,8 км ва масоҳаташ 25,3 км² аст; ҳавзаи барфии он дар баландии беш аз 5500 м бо ҳавзаи лозури Ванҷях (Федченко) муштарак буда, забонаи борику дарози он бо яхшораи (ледопад) 900-метра аз ҳавзаи ғизогирии фирнӣ ба дараи чуқур, то баландии 2900 м, фуруд меояд.<ref name="fn192">Медвежий ледник // Словарь современных географических названий / Рус. геогр. о-во. Моск. центр; под общ. ред. акад. В. М. Котлякова. --- Екатеринбург: У-Фактория, 2006.</ref> Забонаи ин лозур дар зарфи чанд моҳ то 2 км ба поёни дара пеш рафта, маҷрои дарёи Абдуқаҳҳорро мебандад ва кӯли лозурӣ ба вуҷуд меоварад, ки шикофта шудани он ба обхезиҳои харобиовар дар водии Ванҷ оварда мерасонад. Чунин ҳаракатҳо дар солҳои 1916, 1937, 1951, 1963, 1973, 1989, 2001 ва 2011 ба қайд гирифта шудаанд.<ref name="fn202">Ледник Медвежий в хребте Академии Наук (рус.) // Silk Road Adventures. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ҳангоми ҳаракати соли 1963 лозур қариб 1,75 км пеш рафта, дараи Абдуқаҳҳорро баст ва дар он сол ду маротиба (19 июн ва 3 июл) обхезиҳои лозурӣ рӯй доданд. Соли 1973 садди яхине бо паҳноии тақрибан ним километр ва баландии саду панҷоҳ метр дараро банд карда, дар паси он кӯле бо чуқурии то 110 метр пайдо шуд; 19 июни соли 1973, вақте ки дар кӯл 27 млн м³ об ҷамъ омада буд, рахнашавии он ба амал омад.<ref name="fn212">Виноградов Ю. Б. Сведения о прорывах озёр, подпруженных ледниками (рус.). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар қисмати шарқии қаторкӯҳи Язғулом, дар марзи ҷанубу шарқии ноҳия, қуллаи Истиқлол (то соли 2006 – қуллаи Революция; 6940 м) – чорумин қуллаи баланди Тоҷикистон қомат афрохтааст. Дар домани шимолии он лозури бузурги Федченко – дарозтарин лозури кӯҳии ҷаҳон берун аз минтақаҳои қутбӣ (77 км) оғоз меёбад.<ref name="fn222">Пик Революции (рус.) // Wiki.risk.ru. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Ин лозур, ки соли 1878 онро Василий Ошанин кашф карда, ба шарафи табиатшинос Алексей Федченко номгузорӣ намуда буд, аз 31 июли соли 2023 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расман Ванҷях ном дорад.<ref name="fn910" /><ref name="fn1010" /> Паҳноии миёнаи лозур 2 км ва ҳадди аксараш 5 км буда, ғафсии ях то 1 км ва ҳаҷми он ҳамроҳ бо шохобҳояш 144 км³ мерасад; лозур аз баландии 6200 м оғоз ёфта, забонааш то баландии 2909 м фуруд меояд ва дар силсилаи он 100 лозури хурду бузург, аз ҷумла 26 шохоби бевосита, ба ҳам пайвастаанд. Дар канори чапи лозур, дар баландии 4169 м, 7 августи соли 1933 истгоҳи гидрометеорологӣ кушода шуда буд, ки то соли 1995 бефосила кор кард ва соли 2004 дар доираи лоиҳаи байналмилалӣ дар он ҷо истгоҳи худкор насб гардид. Бар асари гармшавии иқлим лозур танҳо дар садаи XX дар танаи асосии худ тақрибан 15 км³ ях – даҳяки массаи худро – аз даст додааст.<ref name="fn910" />
Тибқи баррасиҳои лозуршиносии охирин, масоҳати умумии лозури Ванҷях (Федченко) тақрибан 700 км² арзёбӣ мешавад ва ҳаҷми умумии яхи он, бар пояи ченкунии ғафсии қабати ях, 123,4 ± 28 км³ ҳисоб карда шудааст.<ref name="fn232">The evolution of Fedchenko glacier in the Pamir, Tajikistan, during the past eight decades (англ.) // Journal of Glaciology. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар тӯли 93 соли мушоҳидаи илмӣ (1928-2021), суръати миёнаи тағйири баландии сатҳи лозур ба −0,46 метр дар сол расидааст, ҳарчанд дар ду фосилаи алоҳида – солҳои 1958-1980 ва 2010-2021 – коҳиши баландии забонаи лозур ду баробар аз меъёри дарозмуддат тезтар будааст.<ref name="fn242">Multi-temporal elevation changes of Fedchenko Glacier, Tajikistan, from 1928 to 2021 (англ.) // EarthArXiv / Journal of Glaciology, 2024. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ченкуниҳои GNSS ва тасвирбардории радарии TanDEM-X нишон медиҳанд, ки мувозинати ҷирмии лозур аз −0,27 ± 0,05 метри муодили обӣ дар сол барои давраи 2000-2011 то −0,51 ± 0,04 метр дар сол барои давраи 2011-2016 бадтар шудааст, яъне суръати обшавии лозур дар даҳсолаи охир тақрибан ду баробар афзудааст.<ref name="fn252">Lambrecht A., Mayer C., Wendt A., Floricioiu D., Völksen C. Elevation change of Fedchenko Glacier, Pamir Mountains, from GNSS field measurements and TanDEM-X elevation models, with a focus on the upper glacier // Journal of Glaciology.</ref> Бо вуҷуди ин, азбаски забонаи лозур бо қабати ғафси хоку сангреза пӯшида аст, масоҳати намоёни он тайи даҳсолаҳо танҳо 1,4 фоиз тағйир ёфта, дар ҳоле ки ҳаҷми аслии яхи он коҳиши назаррас – тақрибан 5 км³ дар тӯли ҳашт даҳсола – доштааст.<ref name="fn232" /> Тибқи маълумоти барномаи UNEP GRID-Arendal, забонаи лозур аз соли 1933 инҷониб зиёда аз 1 километр ба ақиб нишастааст ва аз соли 1980 инҷониб тақрибан 50 метр паст шудааст.<ref name="fn262">Shrinking of Fedchenko Glacier in the Pamirs of Tajikistan (англ.) // UNEP GRID-Arendal. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Пажӯҳиши соли 2026 дар маҷаллаи ''«Remote Sensing»'' доир ба ҳавзаи лозурии дарёи Вахш, ки низоми лозурии Ванҷях (Федченко)-ро низ фаро мегирад, нишон дод, ки масоҳати умумии лозурҳои ин ҳавза аз 4440,9 км² дар соли 2000 то 4087,1 км² дар соли 2018 коҳиш ёфта, барои соли 2025 тахминан 3955,2 км² пешбинӣ мешавад; яъне тайи солҳои 2000-2025 масоҳати умумии лозурҳо 485,7 км² (10,94 фоиз) кам шуда, коҳиши миёнаи солона ба 19,43 км² мерасад.<ref name="fn272">Changes in Glaciers of the Vakhsh River Basin, Tajikistan Under Global Climate Change (англ.) // Remote Sensing, ҷ. 18, № 9, мақолаи 1436, 2026.</ref>
Қисмати шарқии кӯҳистони ноҳия, аз ҷумла шарқи қаторкӯҳи Ванҷ ва минтақаи лозури Федченко, ба ҳудуди Боғи миллии Тоҷикистон дохил мешавад, ки соли 1992 таъсис ёфтааст ва моҳи июни соли 2013 таҳти унвони ''«Боғи миллии Тоҷикистон (кӯҳҳои Помир)»'' ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардид.<ref name="fn282">Таджикский национальный парк ''«Горы Памира»'' включён в список Всемирного наследия ЮНЕСКО (рус.) // Маркази ахбори СММ, июни 2013. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn292">Таджикский национальный парк --- объект Всемирного наследия ЮНЕСКО (рус.) // Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Заминҷунбӣ ===
Ноҳияи Ванҷ дар минтақаи аз ҷиҳати заминҷунбӣ фаъол ҷой дорад. 2 январи соли 2010 дар шарқи Тоҷикистон заминҷунбие бо бузургии 5,1-5,4 рух дод, ки дар натиҷаи он дар маркази ноҳияи Ванҷ ва деҳаҳои Роғу Гишхунбеш аз 1050 бино хароб гардида, тибқи баъзе маълумот то 20 ҳазор нафар зарар диданд ва зиёда аз ҳазор сокин муваққатан бесарпаноҳ монданд.<ref name="fn302">Землетрясение магнитудой в 5,1 балла произошло в Таджикистане (рус.) // РИА Новости, 2--3 январи 2010. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn312">Смертоносная стихия: рассказываем про самые разрушительные землетрясения в Таджикистане и мире (рус.) // Диалог.TJ. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Иқлим ==
Иқлими ноҳияи Ванҷ қораӣ (континентӣ) аст; тобистонаш гарми бебориш, зимистонаш сарди камбарф; ҳарорати миёна дар моҳи июл 20-24 °C, дар январ аз −12 °C то −20 °C. Мизони борандагии солона 200-300 миллиметр аст. Баландиҳои 4000-5500 м марғзоранд, аз он болотар – тундраи кӯҳист. Дар баландкӯҳҳо иқлим ба куллӣ дигар аст: дар минтақаи лозури Ванҷях ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво ҳатто дар моҳҳои июн-сентябр ҳамагӣ +1,6 °C буда, миқдори солонаи боришот дар он ҷо ба 1192 мм мерасад, ки 99 дарсади он ба шакли барф меборад.<ref name="fn910" />
=== Таснифи иқлимӣ ва механизмҳои ташаккулёбандаи он ===
Тибқи таснифи байналмилалии иқлимшиносии Кёппен-Гейгер (Köppen-Geiger), иқлими қисми асосии водиҳои поёнии ноҳияи Ванҷ ба гурӯҳи Dsa – ''«иқлими қораии мӯътадил бо тобистони гарму хушк»'' – мансуб дониста мешавад.<ref name="fn322">Vanj (англ.) // Wikipedia, the Free Encyclopedia. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ин рамз се хусусияти бунёдиро ифода мекунад: ҳарфи D нишон медиҳад, ки ҳарорати миёнаи сардтарин моҳи сол аз −3 °C поёнтар аст ва барф дар зимистон қабати устувор ташкил медиҳад, дар ҳоле ки гармтарин моҳ аз 10 °C болотар аст; ҳарфи s далолат мекунад, ки боришоти моҳи хушктарини тобистон ба маротиб камтар аз боришоти моҳи сербориштарини зимистону баҳор аст; ҳарфи a нишон медиҳад, ки ҳарорати миёнаи гармтарин моҳи сол аз 22 °C зиёдтар аст. Ин таснифот танҳо то баландиҳои тақрибан 2000-2500 метр эътибори комил дорад; бо боло рафтан аз ин сатҳ, иқлим ба категорияҳои сардтару намноки Dsb ва Dsc мегузарад, дар баландиҳои беш аз 3500-4000 метр ба категорияи E (иқлими тундраи кӯҳӣ) ва дар минтақаи лозурҳо, аз ҷумла дар ҳавзаи Ванҷях, ба категорияи EF (иқлими яхбандии доимӣ) табдил меёбад.<ref name="fn332">Outlook on climate change adaptation in the Central Asian mountains (англ.) // Carpathian Convention. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Иқлими ноҳия натиҷаи таъсири мутақобилаи се механизми асосии атмосферист. Дар фасли зимистон (аз ноябр то март) минтақа таҳти таъсири канораи ҷанубу ғарбии Антитсиклони Сибирӣ қарор мегирад, ки массаҳои ҳавоии сарду хушкро ба водиҳои Помир ворид карда, ҳавои софи вале шадидан сарди зимистонаро ба вуҷуд меорад.<ref name="fn342">Рамочная модель управления экологическими и социальными охранными мерами (РМУЭСОМ) (рус.) // ECDP.TJ. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар охири зимистону фасли баҳор, силсилабодҳои ғарбӣ (Westerlies), ки аз уқёнуси Атлантик ва баҳри Миёназамин ҷараён мегиранд, манбаи асосии намӣ ва боришот мебошанд; вақте ин сиклонҳо ба қаторкӯҳҳои баланди Ванҷу Язғулом бармехӯранд, раванди боришоти орографӣ (кӯҳсоз) рӯй медиҳад, ки боиси резиши миқдори зиёди борону барф мегардад. Дар моҳҳои июлу август бошад, гармшавии шадиди сатҳи замин дар биёбонҳои Афғонистону Эрон боиси пайдоиши минтақаҳои фишори паст мегардад, ки массаҳои ҳавоии тропикии хушкро ба минтақа ворид карда, равандҳои абрсозиро бозмедоранд ва давраи хушксолии тобистонаро фаро меоранд. Бо сабаби парокандагии шабакаи истгоҳҳои обуҳавосанҷӣ дар кӯҳистони Помир, таҳлили дақиқи микроиқлимҳои алоҳида – ҳатто бо истифода аз пойгоҳҳои додаҳои глобалӣ ба монанди MERRA-2 – то ҳанӯз кори мураккабе боқӣ мемонад.<ref name="fn352">Modeling of historical and future changes in temperature and precipitation in the Panj River Basin in Central Asia under the CMIP5 RCP and CMIP6 SSP scenarios (англ.) // PMC. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Низоми ҳарорат ===
Маълумоти мушаххаси истгоҳҳои метеорологии маҳаллӣ манзараи дақиқтари низоми ҳароратиро пешкаш мекунанд. Тибқи таҳлили илмии соли 2024, ки бар асоси мушоҳидаҳои истгоҳи обуҳавосанҷии Хумроғӣ (воқеъ дар ҳавзаи болооби рӯди Ванҷ) анҷом дода шудааст, ҳарорати миёнаи солона дар ин минтақа тақрибан ба +9,9 °C баробар аст.<ref name="fn362">Murodov, M.; Li, L.; Safarov, M.; Lv, M.; Murodov, A.; Gulakhmadov, A.; Khusrav, K.; Qiu, Y. A Comprehensive Examination of the Medvezhiy Glacier\\\'s Surges in West Pamir (1968--2023) (англ.) // Remote Sensing. --- 2024. --- Ҷ. 16, № 10. --- Мақолаи 1730. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Гармтарин моҳи сол июл буда, ҳарорати миёнаи он ба +23,0 °C мерасад,<ref name="fn362" /> баъзе манбаъҳои дигар ҳарорати миёнаи июлро дар маркази ноҳия то +25 °C арзёбӣ мекунанд.<ref name="fn322" /> Тибқи маълумоти сомонаҳои обуҳавосанҷии оммавӣ, дар давоми рӯзҳои гарми тобистон (масалан, дар охири июлу аввали август) ҳарорати нимирӯзӣ метавонад ба таври муназзам то +27...+32 °C боло равад.<ref name="fn372">Погода в Ванче сегодня (рус.) // Gismeteo. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Сардтарин моҳи сол январ аст, ки тибқи маълумоти истгоҳи Хумроғӣ ҳарорати миёнааш аз −4,9 то −5,0 °C-ро ташкил медиҳад.<ref name="fn362" /><ref name="fn322" /> Ин рақам аз тавсифи умумии дар боло овардашуда (аз −12 то −20 °C), ки маъмулан дар сарчашмаҳои донишномавӣ дар бораи маркази ноҳия дода мешавад, фарқи назаррас дорад; чунин ба назар мерасад, ки ин тафовут на ихтилофи асл, балки натиҷаи фарқи мавқеи чен ва усули ҳисоб бошад – рақами дуюм эҳтимолан ба ҳарорати шабонаи ниҳоии сардтарин рӯзҳо ё ба минтақаҳои баландтари ноҳия дахл дорад, дар ҳоле ки рақами якум ҳарорати миёнаи моҳонаро дар як истгоҳи мушаххас инъикос мекунад. Муҳимтарин хусусияти ин иқлим амплитудаи миёнаи солонаи ҳарорат аст, ки ба 27,9 °C мерасад ва гувоҳи равшани набудани таъсири мӯътадилкунандаи баҳрҳо мебошад.<ref name="fn362" />
Ҳароратҳои фавқулода низ ба қайд гирифта шудаанд: тибқи як ҳуҷҷати арзёбии экологию иҷтимоӣ, дар моҳи июли соли 2013 ҳарорати ҳаво дар ноҳия то +36,6 °C расидааст, дар ҳоле ки дар моҳи январи соли 2012 пасттарин ҳарорати мутлақ −20,5 °C ба қайд гирифта шуд;<ref name="fn342" /> тафовути миёни ин ду нишондиҳанда – беш аз 57 дараҷа – худ далели равшани шиддати иқлими қораии кӯҳистонии ноҳия аст.
Бо ҳар 100 метр болоравии баландӣ, ҳарорати ҳаво, тибқи қонунияти умумии физикаи атмосфера, ба ҳисоби миёна 0,6 °C коҳиш меёбад; маҳз ҳамин градиенти амудӣ сабаб мешавад, ки дар ҳоле ки дар маркази ноҳия тобистон гармои то 30 дараҷа ҳукмфармост, дар баландиҳои болои 4000 метр шароити наздик ба зимистон боқӣ мемонад. Дар минтақаи лозури Ванҷях, тавре ки дар боло зикр гардид, ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво ҳатто дар моҳҳои июн-сентябр ҳамагӣ +1,6 °C-ро ташкил медиҳад, ки шабнаму яхбандии шабонаро дар он ҷо ҳатто дар авҷи тобистон табиӣ мегардонад.
=== Боришот ва намнокии ҳаво ===
Тақсимоти боришот дар ноҳияи Ванҷ, мисли ҳарорат, ба таври шадид вобаста ба баландӣ тағйир меёбад. Тибқи маълумоти истгоҳи Хумроғӣ, боришоти миёнаи солона дар ҳавзаи болооби рӯди Ванҷ ба 341 мм мерасад,<ref name="fn362" /> дар ҳоле ки дар қисматҳои поёнии водӣ ин рақам ба 200-300 мм наздик аст (ниг. боло), ва дар баъзе минтақаҳои миёнакӯҳ, тибқи баъзе сарчашмаҳо, то 626 мм низ мерасад.<ref name="fn322" /> Хусусияти муҳимтарин на ҳаҷми умумии боришот, балки тақсимоти бениҳоят нобаробари он дар тӯли сол аст: моҳи сербориштарин март буда, ба ҳисоби миёна 64 мм боришот дорад ва бо обшавии ҳамзамони барфҳои кӯҳӣ сатҳи оби Ванҷобу Язғуломро кескин боло мебарад; моҳи хушктарин бошад, август аст, ки миқдори боришот дар он ҳамагӣ ба 1 мм мерасад.<ref name="fn362" /> Тафовути 63-миллиметра миёни ин ду моҳ нишондиҳандаи равшани хушксолии мутлақи тобистона мебошад.<ref name="fn362" />
Намнокии нисбии ҳаво низ ба ҳамин ритми мавсимӣ пайравӣ мекунад: дар авҷи тобистон он метавонад то 18-24 фоиз коҳиш ёбад,<ref name="fn382">Погода в Ванче (Таджикистан) (рус.) // JSPRAV.ru. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> ки боиси бухоршавии босуръати намӣ аз сатҳи хоку баргу набот гардида, эҳтиёҷи кишоварзиро ба обёрии сунъӣ хеле меафзояд. Дар муқобил, дар минтақаи баландкӯҳии лозури Ванҷях, тавре ки дар боло омад, миқдори солонаи боришот ба 1192 мм мерасад, ки 99 дарсади он ба шакли барф меборад – рақаме, ки таъсири орографии (кӯҳсози) қаторкӯҳҳои Ванҷу Академияи илмҳоро ба таври возеҳ нишон медиҳад: ҳангоме ки массаҳои ҳавоии намнок ба ин деворҳои азим бармехӯранд, ба боло ҳаракат карда, сард мешаванд ва намии худро дар шакли боришоти шадид дар минтақаҳои баландтар мепартоянд, дар ҳоле ки водиҳои поёнӣ дар ''«сояи боришот»'' боқӣ мемонанд.
Хоки водиҳо ҷигарӣ ва чаманзорӣ (чимтолӣ); хоки кӯҳҳо ва нишебиҳои онҳо даштӣ ва марғзору баландкӯҳ, ҷо-ҷо регзор аст. Аксари хокҳо серсанганд.
Дар водиҳо набототи даштӣ, дар кӯҳҳо ва доманаи онҳо дарахтони бед, арча, сафедор, буттаҳои ангат, зирк, бушол, настаран; дар баландии 2000-4000 м камол, юған, торон, ревоҷ (чукрӣ), куруш, фарк, курт, бодом, жағн, тӯс (буруҷ) ва ғайра мерӯянд. Дар водии Ванҷ дарахтони мевадор, аз қабили тут, зардолу, себ, чормағз хеле фаровонанд ва ҳосили хуб медиҳанд.
Аз ҳайвоноти ваҳшӣ паланг, хирс, гург, шағол, рӯбоҳ, оҳу, суғур, заргӯш, аз парандагон гунҷишк, ғулба, кабки реза, кабки дарӣ (ҳилол), кафтар, боз, ғалевоз, уқоб ва ғайра вомехӯранд.
=== Минтақабандии амудии эко-иқлимӣ ===
Бо сабаби тафовути шадиди баландӣ – аз 1500 метр дар қисматҳои поёнии водӣ то беш аз 6000 метр дар қуллаҳо – иқлими ноҳияи Ванҷ якранг нест, балки аз занҷираи пайдарпайи минтақаҳои эко-иқлимӣ иборат аст, ки ҳар кадоме шароити хоси гармову намнокӣ ва набототу ҳайвоноти мувофиқи худро доранд.
Дар баландии 1500-2000 метр, дар водиҳои Ванҷу Водхуд, иқлим гармтарину мусоидтарин аст; маҳз дар ҳамин минтақа, тавре ки дар боло зикр шуд, дарахтони меваовар – тут, зардолу, себу чормағз – ҳосили фаровон медиҳанд. Аз баландии 2000 то 4000 метр иқлим сардтар мешавад ва набототи дарахтии гармидӯст ҷои худро ба буттаву гиёҳҳои тобовар ба хушкии тобистона медиҳад; маҳз ҳамин минтақа, тибқи таҳқиқоти экологии барномаҳои ҷаҳонии ҳифзи табиати Осиёи Марказӣ, макони зисти намудҳои нодири эндемикӣ – аз ҷумла гиёҳи [*Nepeta badachschanica]* ва шабпараки нодири кӯҳӣ [*Parnassius autocrator]* – маҳсуб мешавад.<ref name="fn392">World Heritage thematic study for Central Asia (англ.) // IUCN Portals. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар баландии 4000-5500 метр, дар минтақаи тундраи кӯҳӣ ва марғзорҳои алпӣ, набототи дарахтӣ комилан аз байн меравад ва танҳо гиёҳҳои пастқад, ушна ва сангфаш (лишайник) боқӣ мемонанд; фаунаи ин минтақа – аз ҷумла паланг, хирс, суғур ва кабки дарӣ (ҳилол) – бештар дар фасли тобистон ба ин баландиҳо мебарояд ва бо фарорасии зимистон ба минтақаҳои поёнии гармтар муҳоҷирати амудӣ мекунад.<ref name="fn392" /> Ниҳоят, аз баландии 5500 метр боло, дар минтақаи нивалӣ-лозурӣ, олами яхбандии доимӣ оғоз мешавад, ки ба иқлими қутбҳои Замин монандӣ дорад ва манбаи асосии ғизогирии лозурҳои бузурги ноҳия, аз ҷумла лозури Ванҷях, ба шумор меравад.
=== Хатарҳои гидрометеорологӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ===
Иқлими шадидан қораии ноҳияи Ванҷ, ки бо боришоти пуршиддати баҳорӣ ва хушксолиҳои шадиди тобистона тавсиф мешавад, минтақаро ба яке аз осебпазиртарин ноҳияҳо аз лиҳози хатарҳои гидрометеорологӣ дар тамоми ҳавзаи рӯди Панҷ табдил додааст.<ref name="fn402">Climate Change Vulnerability Assessment Republic of Tajikistan: Building Climate Resilience in the Pyanj River Basin (англ.) // Climate Investment Funds (CIF). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ду омили асосии иқлимӣ сабабгори аксари сел ва обхезиҳо мебошанд. Аввал, вақте ки боришоти шадиди баҳорӣ бо баландшавии ногаҳонии ҳарорат ҳамроҳ мешавад, барфҳои нишебиҳои кӯҳӣ босуръат об шуда, заминро аз ҳад зиёд сернам мекунанд ва ба лағжиши қабатҳои замин ва фаромадани селҳои лойқадор оварда мерасонанд.<ref name="fn362" /> Дуюм, ҳангоме ки ҳарорати нимирӯзии тобистона ба атрофи +30 °C мерасад, суръати обшавии лозурҳо ба ҳадди аксар расида, метавонад боиси обхезиҳои ногаҳонии кӯлҳои лозурӣ гардад,<ref name="fn382" /> падидае, ки, тавре ки дар бахши ''«Лозурҳо ва қуллаҳо»'' зикр гардид, дар мисоли лозури Хирс борҳо ба амал омадааст.
Тибқи арзёбии осебпазирии иқлимӣ, ки дар доираи лоиҳаи минтақавии ''«Ташаккули устувории иқлимӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ»'' анҷом дода шудааст, деҳаҳои ноҳияи Ванҷ, аз ҷумла дар ҷамоатҳои Водхуду Язғулом, дар қатори минтақаҳои дорои хатари миёна ва баланди зарар аз сел ва обхезӣ гурӯҳбандӣ шудаанд.<ref name="fn402" /><ref name="fn412">45354-002: Building Climate Resilience in the Pyanj River Basin (англ.) // Asian Development Bank. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Барои коҳиш додани ин осебпазирӣ, дар доираи лоиҳаҳои байналмилалии мутобиқшавӣ ба иқлим, дар ҳудуди ҷамоати Водхуд корҳои мустаҳкамкунии соҳили рӯди Ванҷоб ва барқарорсозии лӯлаҳои оби полезӣ анҷом дода шудаанд, ки ҳадафи онҳо ҳифзи заминҳои кишоварзӣ аз сел ва кафолати таъминоти об дар давраҳои хушксолии шадид мебошад.<ref name="fn402" /> Ин гуна тадбирҳои инфрасохторӣ, дар якҷоягӣ бо гузариш ба неруи барқи хурди обӣ (ниг. бахши ''«Энергетика»'') ва вобастагии иқтисоди хонаводаҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ (ниг. бахши ''«Муҳоҷирати меҳнатӣ»''), нишондиҳандаи равшани он мебошанд, ки иқлими шадиди кӯҳистонӣ на танҳо омили табиӣ, балки муайянкунандаи асосии тарзи зиндагӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ванҷ боқӣ мемонад.
{| class="wikitable"
|+Ҷадвали 1. Хулосаи нишондиҳандаҳои иқлимии ноҳияи Ванҷ<ref name="fn362" /><ref name="fn322" /><ref name="fn342" /><ref name="fn372" /><ref name="fn382" />
!Нишондиҳанда
!Қимат
!Тавзеҳ
|-
|Ҳарорати миёнаи солона
| +9,9 °C
|Истгоҳи Хумроғӣ
|-
|Ҳарорати миёнаи июл (гармтарин моҳ)
| +23,0...+25,0 °C
|Хумроғӣ / маркази ноҳия
|-
|Ҳарорати миёнаи январ (сардтарин моҳ)
|−4,9...−5,0 °C
|Истгоҳи Хумроғӣ
|-
|Амплитудаи миёнаи солонаи ҳарорат
|27,9 °C
|Нишондиҳандаи иқлими қораӣ
|-
|Максимуми мутлақ (рекорд)
| +36,6 °C
|Июли соли 2013
|-
|Минимуми мутлақ (рекорд)
|−20,5 °C
|Январи соли 2012
|-
|Боришоти солона (Хумроғӣ)
|341 мм
|Ҳавзаи болооби рӯди Ванҷ
|-
|Моҳи сербориштарин
|64 мм
|Март
|-
|Моҳи хушктарин
|1 мм
|Август
|-
|Намнокии нисбии ҳаво дар тобистон
|18-24 %
|–
|}
== Таърих ==
Ванҷ таърихи чандинҳазорсола дорад, ки осори таърихии он то ҳол пойбарҷоянд, аммо касе аз донишмандони таърих ва бостоншиносони тоҷик ба пажӯҳиши ҷиддии ин ганҷинаи таърих домани ҳиммат барназадааст. Сағонаҳо ва дахмаҳои Ванҷ худ далели ошкори таърихи чандҳазорсолаи ин куҳанбуманд. Бо ин ҳама, таърихи навини водӣ дар осори муаррихони тоҷик – мақолаи академик Раҳим Масов ''«Оид ба таърихи водии Ванҷ»'' ва китобҳои профессор Ҳайдаршо Пирумшоев – мавриди баррасии махсус қарор гирифтааст.<ref name="fn422">Масов Р. М. К истории Ванчской долины // Мероси ниёгон. --- Душанбе, 1999. --- № 4. --- С. 20--30.</ref><ref name="fn210" />
Сарнавишти таърихии Ванҷ аз дигар мавзеъҳои тоҷикнишини Бухорои Шарқӣ ва ғарби Бадахшон чандон фарқе надошт. Фоҷиаҳое, ки дар ин ё он гардиши таърихӣ, мисли ҳуҷуми муғулҳо, темуриён ва тозиши дигар қабилаҳои кӯчии туркнажод ва хунрезиҳои ваҳшиёна дар давраи парокандагии феодалӣ рух доданд, бар ин сарзамин бетаъсир набуданд. Тоҷиконе, ки зери таъқибу фишори аҷнабиён қарор гирифта буданд, барои ҳифзи ҷони худ ба тагнои ин дараҳои дастнорас, ба каронаҳои рӯдҳои кӯҳӣ паноҳ бурданд ва ба ҷойҳои дурдасте кӯчиданд, ки сокинони маҳаллӣ дар он солиёни дароз бо кӯшишу ранҷи сахт қитъаҳои хурди заминро барои кишт созгор мекарданд.
Далели мустақими мардумшиносии ин падидаи муҳоҷират аз ҷониби шарқшиноси рус А. А. Семёнов, ки соли 1898 дар доираи экспедитсияи расмии граф А. А. Бобринский ба кӯҳҳои Зарафшону Қаротегину Дарвоз сафар карда буд, сабт гардидааст:
''«Обитатели долины Ванджа говорили, что ихъ долина заселена недавно, лѣтъ сто тому назадъ, выходцами съ Хингоба. Это переселеніе, замѣтимъ, на Вандж съ Хингоба продолжается, вѣроятно, и до сихъ поръ: намъ здѣсь приходилось встрѣчать много туземцевъ, которые родились въ долинѣ Хингоба и недавно переселились на Ванджъ. Туземцы Дарваза по Пянджу передавали, что ихъ отцы заселили правый берегъ рѣки, когда лѣвый былъ занятъ, и пришли сюда изъ долины Хингоба, туда же переселились съ Ях-Су.»''
Тарҷума: ''«Сокинони водии Ванҷ мегуфтанд, ки водии онҳо начандон пеш, тахминан сад сол қабл, аз ҷониби муҳоҷирони аз Ҳингов омада маскун шудааст. Ин муҳоҷират, бояд қайд кард, аз Ҳингов ба Ванҷ, эҳтимол, то ба имрӯз низ идома дорад: мо дар ин ҷо бисёр сокинонеро вохӯрдем, ки худашон дар водии Ҳингов таваллуд шуда, ба наздикӣ ба Ванҷ кӯчида буданд. Сокинони бумии Дарвоз дар соҳили Панҷ нақл мекарданд, ки падарони онҳо соҳили рости дарёро – вақте ки соҳили чап аллакай ишғол шуда буд – маскун сохтаанд ва ба ин ҷо аз водии Ҳингов омада буданд, ки худ пеш аз он аз Ях-Су ба он ҷо кӯчида буд»''.<ref name="fn432">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 20.</ref> Ин маълумоти мардумшиносӣ, ҳарчанд бар асоси ривояти шифоҳии сокинон дар охири асри XIX сабт шуда ва набояд ҳамчун санади мутлақи таърихӣ пазируфта шавад, бо ин ҳама, бо тасвири умумии дар боло овардашуда – ки водиро паноҳгоҳи гурезагони кӯҳистонӣ аз минтақаҳои гуногун меҳисобад – ҳамоҳангии комил дорад. Дар бораи таърихи куҳантари Ванҷ ҳанӯз манбаъи мувассақе ба даст нарасидааст. Аммо аз таҳқиқоти донишмандони руси тоинқилобӣ ва муҳаққиқони аҳди шӯравӣ бармеояд, ки Ванҷ қариб то охири асрҳои миёна истиқлоли худро нигоҳ медошт. Ин назарро донишманди маъруф, мутахассиси таърихи Бухорои Шарқӣ ва Бадахшон Б. Искандаров чунин баён кардааст:<ref name="fn442">Искандаров Б. И. Восточная Бухара и Памир во второй половине XIX в. Ч. 1--2. --- Душанбе, 1962--1963.</ref>
Аз мулкҳои қаламрави Дарвоз сокинони Ванҷ нисбатан мустақилияти воқеъиро соҳиб буданд. Ин ноҳияро кӯҳҳои баланд иҳота мекунанд ва он аз шоҳроҳи пайвандгоҳи мулкҳои кишвар дар канор, дар наздикиҳои доманаи лозури Федченко ҷой дорад. Аз ин ҷиҳат мулки номбурда барои аҷнабиён дастнорас буд. Ба ин нигоҳ накарда, хонҳои Қӯқанд дар охири асри XVIII - ибтидои XIX борҳо барои ғасбу тобеъ намуданаш кӯшиш ба харҷ додаанд, вале ҳама талафоту харҷашон беҳуда анҷом ёфтааст.
Ванҷ дар замони истилои муғулон ва салтанати Темуриён, Шайбониён ва Аштархониён ба таври расмӣ ҷузъи қаламрави онҳо шинохта мешуд, аммо амалан мустақил буд. Ин вазъиятро метавон дар замони ташаккули давлатдории Қӯқанд (авохири асри 18 - нимаи якуми асри 19) низ мушоҳида кард. Мувофиқи маълумоти маъхазҳо, Ванҷ то замони эътироф кардани ҳукумати шоҳи Дарвоз Исмоил (1845-1863) истиқлоли худро нигоҳ дошт. Дар замони ҳукмронии шоҳони вопасини Дарвоз (1863-1877) Ванҷ бахше аз қаламрави он ҳисоб меёфт. Баъд аз пайвастани Ванҷ ба Дарвоз иқтидори ҳокимони Дарвоз афзоиши чашмгире дошт, зеро бо ҳамроҳ шудани паҳлавонони ҳузарби ванҷӣ ба сафи лашкари Исмоилшоҳ имконоти ҷангии ӯ бамаротиб афзуд. Дар бораи муносибати мураккаби Ванҷ бо ҳокимони марказии Дарвоз, ки байни итоат ва муқовимат дар навасон буд, шаҳодати арзишманди дигаре аз офицери Штаби Генералии Русия, капитан А. Кузнецов боқӣ мондааст, ки соли 1892 ба таври пажӯҳиши ҳарбӣ аз Дарвоз дидан кардааст. Тибқи гузориши ӯ, гоҳе Шоҳони Дарвоз маҷбур мешуданд бар зидди бекҳои саркаши Ванҷ лашкар бифиристанд:
''«Тѣмъ не менѣе этимъ переваломъ во время оно Дарвозскіе Ша посылали войска съ артиллеріей въ Ванчъ на усмиреніе непокорныхъ бековъ, которые портили по Пянджу дорогу и занимали оборонительно тѣснины этой рѣки.»''
Тарҷума: ''«Бо ин ҳама, тавассути ҳамин ағба буд, ки замоне Шоҳони Дарвоз лашкар бо тӯпхона ба Ванҷ мефиристоданд, барои ба итоат овардани бекҳои саркаше, ки роҳи канори Панҷро вайрон мекарданд ва тангноҳои ин дарёро ба таври мудофиавӣ ишғол менамуданд»''.<ref name="fn452">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 12–13.</ref> Мисоли дигари ин рӯҳияи истиқлолхоҳонаи Ванҷ дар хотираи мардумӣ низ маҳфуз мондааст: тибқи иттилои Кузнецов, тахминан 120 сол пеш аз боздиди ӯ, яъне дар замони Шоҳ Иброҳими Дарвоз, ҳокими Ванҷ — Шабосхон — бо роҳи ағбаи Кашолаях ба Сариқул барои ғорати қирғизҳо лашкар кашида буд:
''«Послѣдній разъ этимъ переваломъ ходилъ управитель Ванча Шабосъ-ханъ въ Сары-Колъ грабить киргизъ. Это было 120 лѣтъ тому назадъ во время Дарвозскаго Ша-Ибрагима.»''
Тарҷума: ''«Бори охирин аз ҳамин ағба ҳокими Ванҷ, Шоҳаббосхон барои ғорати қирғизҳо ба Сариқул гузашта буд. Ин ҳодиса 120 сол пеш, дар замони Шоҳи Дарвоз Иброҳим, рӯй дода буд»''.<ref name="fn462">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 21–22.</ref>
Тибқи ривояти маҳаллӣ, ки муаррихон Р. Масов ва Ҳ. Пирумшоев дар асари бунёдии худ ''«Файзи истиқлол дар "Боми ҷаҳон"»'' сабт кардаанд, дар деҳаи Кулумбаи Боло то ба имрӯз нишонаҳои коркарди тилло боқӣ мондаанд, ки гӯё дар замони истилои муғулон навкарони Чингизхон мардуми маҳаллиро маҷбуран ба ин фаъолият сафарбар карда буданд.<ref name="fn472">Масов Р. М., Пирумшоев Ҳ. Файзи истиқлол дар ''«Боми ҷаҳон»''. --- Душанбе: Дониш, 2011. --- 412 с. --- ISBN 978-99947-2-004-0. --- С. 362--363.</ref> Ин ривоят нишон медиҳад, ки ҳарчанд қудратҳои бузург метавонистанд нуфузи худро ба таври муваққатӣ ва барои истихроҷи захираҳо таҳмил кунанд, онҳо ҳеҷ гоҳ натавонистанд назорати пурраи маъмуриро дар ин дараҳои маҳкам барқарор намоянд. Дар замони салтанати Темуриён низ, тибқи маълумоти муаррихи асримиёнагӣ Абдурраззоқи Самарқандӣ, агарчи минтақа расман дар итоати Темур буд, он аз ҷониби шоҳони маҳаллӣ идора мешуд ва ҳатто дар лашкари Темур ҳангоми муҳосираи Қалъаи Калот (соли 1381 милодӣ) дастаҳое аз сокинони Дарвозу Қаротегин хидмат мекарданд, ки гувоҳи иқтидори ҳарбии ин кӯҳистониён аст.<ref name="fn472" />
Дар охири асри XVIII ва нимаи якуми асри XIX хонҳои Қӯқанд якчанд маротиба кӯшиши тобеъ намудани Ванҷу Дарвозро ба харҷ доданд: дар замони салтанати Умархон (1810-1822) ва Мадалихон лашкаркашиҳои пайдарпай ба самти Қаротегину Дарвоз сурат гирифтанд; чунончи соли 1834 Мадалихон бо сарварии Машариф Атолиқ лашкари бузургеро барои саркӯб кардани шоҳзодагони фирории қӯқандӣ ба ин манотиқ фиристод, ки боиси даргириҳои шадид бо сипоҳиёни маҳаллӣ гардид.<ref name="fn482">Мудабирзода. Диссертатсия // Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш, 2025.</ref> Бо вуҷуди ин талошҳо ва хароҷоти зиёди ҳарбӣ, тавре ки дар боло аз қавли Искандаров зикр гардид, Ванҷ мустақилияти воқеии худро нигоҳ дошт.
Бо таваҷҷуҳ ба ин мавзӯъ, намояндаи расмии идораи Русия дар Туркистон Г. А. Арандаренко чунин қайд намудааст:
Дар давраи Исмоилшоҳ ба дарвозиён фурсат даст дод, ки ҳокимияти худро на танҳо дар Қаротегин ва Шуғнон густариш диҳанд, балки аз Кӯлобу Ҳисор низ боҷ биситонанд, гарчи дар муддати на чандон тӯлонӣ ҳам бошад.
Тибқи таҳқиқоти навтарин, Исмоилшоҳ дар авҷи иқтидори худ ба ин доираи васеъ ҳатто Рӯшонро низ тобеъ карда буд.<ref name="fn482" /> Вақте ки дар охирҳои солҳои 1860-ум ҳокимони Кӯлобу Ҳисор – Сарахон ва Абдулкаримбий – бо лашкари тахминан 50 ҳазор нафара ба муқобили ӯ бархостанд, Исмоилшоҳ бо дастгирии неруҳои содиқи худ, аз ҷумла паҳлавонони ванҷӣ, ба онҳо муқовимати шадид нишон дод.<ref name="fn482" />
Баъди ба Русия ҳамроҳ кардани Осиёи Миёна, амир Музаффар (1860-1885) бо дастгирии фармондори вилояти Туркистон манотиқи мустақиллу нимамустақилли Бухорои Шарқиро тасарруф кард ва нерӯҳои ҳарбии худро бо сарварии Худойназар (зимистони солҳои 1877-78) ба воситаи ағбаи Работ ба Қалъаи Хумб фиристод. Худойназар Қалъаи Хумбро ишғол кард, сипас ба самти Ванҷ ҳаракат намуд. Дар наздикии деҳаи Кеврон набарди сахте рӯй дод ва аскарони амир тавонистанд лашкари Дарвозро шикаст дода, таъқиби сарбозони боқимондаро идома диҳанд. Дастаи размандагони ихтиёрии Ванҷ ҳаракати сарбозони амирро дар назди Қалъаи Рохарв – маркази Ванҷ боздоштанд. Баъди муҳосираи бенатиҷаи қалъа сарбозони амир ба Қалъаи Хумб баргаштанд. Ванҷ баъди тобеъ шудани шоҳии Дарвоз боз ду сол истиқлоли худро нигоҳ дошт. Дар давраи салтанати сулолаи манғитиён Ванҷ яке аз амлокдориҳои нисбатан бонуфузи бекии Дарвоз ба шумор мерафт.
Амлокдори Ванҷро ''«мир»'' ва ё ''«шоҳ»'' меномиданд, яъне мири Ванҷ ё шоҳи Ванҷ. Вижагии вазифаи мирӣ дар Ванҷ дар ин буд, ки номзадии мири Ванҷро бо машварат ва ройзании шахсиятҳои бонуфузи маҳаллӣ пешбарӣ мекарданд, сипас мири Дарвоз бар ӯ мувофиқат мекард ва аз амири Бухоро таъйиди ниҳойӣ дарёфт мешуд. Ҷамъ намудани андоз ва уҳдадориҳои феодалӣ ба зиммаи мир гузошта шуда буданд.
Муҳимтарин санади таърихӣ, ки сохтори деҳаҳо ва демографияи ин давраро тасдиқ мекунад, ҳуҷҷати барӯйхатгирии саросарии Аморати Бухоро дар соли 1914 мебошад. Тибқи ин санад, ки 6-уми моҳи рабиъу-с-сонии соли 1332-и ҳиҷрӣ (мутобиқ ба марти соли 1914) аз тарафи беки Дарвоз Абдусатторбек Бийи Додхоҳ бо муҳр тасдиқ шудааст, маркази амлокдории Ванҷ расман дар деҳаи Рохарв (макони Қалъаи Ванҷ) сабт гардидааст.<ref name="fn492">Ванҷ ва Язгулом 112 сол пеш аз ин // Газетаи мардумии СССР. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ин рӯйхати нодир нишон медиҳад, ки аксари мутлақи деҳаҳои имрӯзаи водӣ ҳанӯз сад сол қабл бо ҳамон номҳои таърихии худ вуҷуд доштанд ва қисми узвии сохтори маъмурии амлокдорӣ буданд.<ref name="fn492" />
Сокинони водии Ванҷ Инқилоби Октябрро нисбатан хуб пазируфтанд, вале пас аз муддати кӯтоҳе муборизони маҳаллии муқовимат, аз пайравони Фузайл Махсум ва дигарон, ки бо номи ''«босмачиён»'' маъруфанд, чандин бор бо Артиши Сурх ва давлати шӯравии мустақарр дар Ванҷ даргир шуданд. Дар ин даргириҳо барои дифоъ аз ҳукумати шӯравӣ фидоиёни маҳаллӣ, мисли М. Давлатов, С. Раупов, Т. Шарифов, В. Эҳсонов, У. Меҳралишоев, Ҷ. Сафоев, Қ. Собиров ва дигарон ширкат доштанд.
Тафсилоти иловагӣ дар бораи ҳамин рухдодҳо — аз ҷумла робитаи онҳо бо мудохилаи Британия дар минтақа — дар мақолаи Т. Г. Абаева дар бораи пажӯҳишҳои А. В. Станишевский омадааст:
''«Басмаческий налет весной 1929 г. на Гарм и на Ванчский район Западного Памира был осуществлен под руководством капитана Вуда-Балларда, помощника малакандского политического агента по Читральскому княжеству.»''
Тарҷума: ''«Ҳамлаи босмачиён дар баҳори соли 1929 ба Ғарм ва ба ноҳияи Ванҷи Помири Ғарбӣ таҳти роҳбарии капитан Вуда-Баллард, ёрдамчии агенти сиёсии малаканд оид ба амораи Читрал, амалӣ гардид.»''.<ref name="fn156">Абаева Т. Г. Исследования А. В. Станишевского (Азиза Ниалло) о Памире // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 281.</ref>
Бино бар сарчашмаҳои таърихӣ, дар асрҳои миёна Ванҷ се ниҳиштаи маъдани оҳансанг дошт. Ҳанӯз дар оғози асри XX истихроҷи оҳан, гудохтани он ва оҳангарӣ яке аз пешаҳои асосии мардуми маҳаллии Ванҷ буд, ки бо ин пеша манотиқи муҷовирро бо оҳан ва афзоли хоҷагӣ, асбоби кишоварзӣ, корду шамшер ва дигар аслиҳа таъмин мекарданд.<ref name="fn502">Камалиддинов Ш. С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX --- начала XIII вв. --- Ташкент: Ӯзбекистон, 1996.</ref> Ин касби мардумии ванҷиёнро шарқшиноси маъруф М. С. Андреев ҳанӯз соли 1926 дар рисолаи махсуси худ ''«Истеҳсоли оҳан дар водии Ванҷ»'' муфассал тавсиф кардааст.<ref name="fn512">Андреев М. С. Выработка железа в долине Ванча (верховья Аму-Дарьи). --- Ташкент, 1926.</ref>
Тибқи маълумоти иловагӣ дар бораи ин ҳунари мардумӣ, гудозиши оҳан дар кӯраҳои махсуси заминӣ (домнитсаҳо), ки аз сангҳои тарошиданашуда ва гил сохта мешуданд, анҷом мепазируфт; оташро тавассути дампаҳои аз пӯсти буз сохташуда меафрӯхтанд ва ҳамчун сӯзишворӣ аз ангишти чӯб ва гиёҳи махсуси кӯҳии ''«пуш»'' истифода мекарданд.<ref name="fn522">Ходоров И. Е. Таджикистан в народном хозяйстве СССР (рус.) // Исторические материалы (istmat.org). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Як чунин кӯра тавоноӣ дошт, ки дар як шабонарӯз то 240 килограмм маъданро коркард намояд ва раванди пайвастаи гудозиш аз 2 то 5 шабонарӯз идома меёфт;<ref name="fn522" /> маҳз ҳамин технологияи маҳаллӣ ба Ванҷ имкон медод, ки аз воридоти металл аз берун вобаста набошад ва артиши худро бо аслиҳаи сард таъмин карда, худкифоии ҳарбию иқтисодиро кафолат диҳад.
Шаҳодати мустақил ва қадимтарини мустанад дар бораи ин анъанаи оҳангарӣ, ки бисту се сол пеш аз тадқиқоти Андреев сабт шудааст, аз гузориши капитан Кузнецов (соли 1892) бармеояд:
''«Серебро имѣется въ Джумарчскомъ амилякдарствѣ, свинецъ, олово у кишлака Вараунъ, желѣзо по р. оби-Ванчъ, главнымъ образомъ въ окрестностяхъ кишлака Техарви, кишлака Потау и кишлака Вань-Вань. Туземцы берутъ желѣзную руду, лежащую только на верхнихъ слояхъ земли; обжигаютъ ее въ особо-устроенныхъ печахъ, причемъ изъ 2 пудовъ руды получается желѣза полъ-пуда.»''
Тарҷума: ''«Нуқра дар амлокдории Ҷумарҷ мавҷуд аст, сурбу қалъагӣ — дар канори кишлоки Варраун, оҳан бошад — дар канори дарёи Ванҷ, асосан дар атрофи кишлокҳои Техарв, Потов ва Ванван. Бумиён маъдани оҳанро, ки танҳо дар қабатҳои болоии замин ҷой дорад, бармедоранд; онро дар кӯраҳои махсус месӯзонанд, ки дар натиҷа аз ду пуд маъдан ним пуд оҳан ба даст меояд»''.<ref name="fn532">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 55–56.</ref> Кузнецов инчунин истихроҷи тиллоро дар ҳавзаи дарёи Ванҷ (дар канори Сағирдашту Язғулом), ки бо усули ибтидоии кӯшмаву ғалбер сурат мегирифт, тасвир кардааст ва аз байни ҳунарҳои дастии амлокдории Ванҷ, махсусан кордсозиро зикр намудааст:
''«Изъ кустарнаго производства обращаетъ на себя вниманіе только выдѣлка ножей въ Ванчскомъ амилякдарствѣ, да повсюду приготовленіе мату для одежды.»''
Тарҷума: ''«Аз ҳунарҳои дастӣ танҳо кордсозӣ дар амлокдории Ванҷ ва — дар ҳама ҷо — тайёр кардани мату барои либос таваҷҷуҳро ҷалб мекунад»''.<ref name="fn542">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 68.</ref>
Ванҷ аз замони Сомониён то соли 1877 ҳукумате мустақил дошта, фармонравоёни онро шоҳ мехондаанд. Соли 1878 амири Бухоро ба Дарвоз лашкар кашид ва пас аз хиёнати баъзе дарвозиён ба Дарвоз муставлӣ шуд; Дарвозро бекигарӣ ва Қалъаи Хумбро қароргоҳи урдуи манғитиён гардонд. Дарвоз тайи солҳои 1878-1920 яке аз бекигариҳои Бухоро буд ва бек дар Қалъаи Хумб менишаст ва мир хонда мешуд. Бо вуҷуди ин ҳама, Ванҷ зоҳиран дар итоати бекигарӣ буд, вале истиқлоли худро нигаҳ дошт ва пои шуми сипоҳи манғитиён ба Ванҷзамин нарасид.
Тафсилоти иловагӣ дар бораи лаҳзаҳои ниҳоии хонигарии мустақили Дарвоз низ дар ҳамин гузориши Кузнецов сабт шудааст. Тибқи маълумоти ӯ, дар арафаи суқут, аз тамоми қаламрави собиқи хонигарӣ ба охирин Шоҳи Дарвоз — Сераҷетдин — танҳо чанд мулки марказӣ, аз ҷумла худи Ванҷ, боқӣ монда буд:
''«...послѣднему дарвозскому Ша Сераджетдину принадлежали только Кала-и-Хумбъ, Ванчъ, Язулемъ, всѣ амилякдарства лѣваго берега Пянджа съ Хагономъ включительно, Хуллезъ и Вахія.»''
Тарҷума: ''«...ба охирин Шоҳи дарвозӣ Сироҷидин танҳо Қалъаи Хумб, Ванҷ, Язғулом, тамоми амлокдориҳои соҳили чапи Панҷ то Ҳагонро дар бар гирифта, инчунин Ҳуллез ва Ваҳиё тааллуқ доштанд»''.<ref name="fn552">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 5.</ref> Ва ҳангоме ки соли 1878 сипоҳи бухороӣ бо сарварии Худойназар-Атолиқ ногаҳон ба Қалъаи Хумб наздик шуд, Сераҷетдин-Шоҳ бидуни ҷанг таслим гардид, вале роҳи гурези худро маҳз аз тариқи Ванҷ интихоб намуд:
''«Сераджетдинъ-Ша сдалъ крѣпость безъ бою, а самъ бѣжалъ черезъ Ванчъ въ Кокандъ къ Худаяръ-хану.»''
Тарҷума: ''«Сироҷидин-Шоҳ қалъаро бидуни ҷанг таслим кард, худаш бошад, аз тариқи Ванҷ ба Қӯқанд, назди Худоёрхон гурехт»''.<ref name="fn562">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 6.</ref>
Соли 1895 бекигарии Дарвоз, ки дар ҳар ду канораи рӯди Панҷ қарор дошт, дар паи ҷаҳонгириҳои Русия ва Британия дупора гардид: канораи рост ба аморати Бухоро ва канораи чап ба Афғонистон дода шуд.<ref name="fn572">Постников А. В. Схватка на ''«Крыше Мира»'': политики, разведчики и географы в борьбе за Памир в XIX веке. --- М.: Памятники исторической мысли, 2001. --- 416 с. --- ISBN 5-88451-100-0.</ref>
Ванҷ то соли 1920 амлокдории Қалъаи Ванҷи бекигарии Дарвози аморати Бухоро буд. Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 Ванҷ аз соли 1920 то 1924 чун тумани Ванҷ дар ҳайати вилояти Ғарми Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро ҷой дошт. Солҳои 1925-1926 Ванҷ чун ҷузъи тумани Қалъаихумби вилояти Ғарми ҶМШС Тоҷикистон ҳисоб меёфт. Солҳои 1926-1930 волости Ванҷ дар ҳайати ВМКБ буд. Солҳои 1930-1933 Ванҷ чун қисми ҳудуди ноҳияи Қалъаихумб бевосита дар тобеъияти ҷумҳурӣ буд.
Тибқи Қарори Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон аз 29 майи соли 1933, №46 расман ноҳияи Ванҷ таъсис ёфта, то соли 1937 дар тобеъияти бевоситаи ҷумҳурӣ қарор дошт. Дар асоси Қарори Президиуми КИМ-и Шӯроҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 августи соли 1937, №43 ноҳияи Ванҷ бо ҳамаи деҳшӯроҳояш: Ванҷ, Водхуд, Рованд, Техарв, Жовуд ва Язғулом расман ба ҳайати ҳудудии ВМКБ гузаронида шуд. Бино бар ин, ноҳияи Ванҷ ҳамчун воҳиди маъмурӣ дар ҳайати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 11 августи соли 1937 ташаккул ёфтааст.
{| class="wikitable"
|+Ҷадвали 2. Таҳаввулоти маъмурию ҳудудии Ванҷ (то соли 1878 – соли 1937)
!Марҳилаи таърихӣ
!Мақоми маъмурию ҳудудӣ
!Тобеияти давлатӣ/минтақавӣ
|-
|То соли 1878
|Мухторияти комил / Иттиҳод бо Дарвоз
|Идоракунии мустақил таҳти сарварии шоҳ
|-
|1878-1920
|Амлокдории Қалъаи Ванҷ
|Бекигарии Дарвоз, Аморати Бухоро
|-
|1920-1924
|Тумани Ванҷ
|Вилояти Ғарми Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро
|-
|1925-1926
|Ҷузъи тумани Қалъаихумб
|Вилояти Ғарми ҶМШС Тоҷикистон
|-
|1926-1930
|Волости Ванҷ
|Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
|-
|1930-1933
|Қисми ноҳияи Қалъаихумб
|Тобеияти бевоситаи ҶШС Тоҷикистон
|-
|29 майи 1933
|Ноҳияи Ванҷ (таъсиси мустақил)
|Тобеияти бевоситаи ҶШС Тоҷикистон
|-
|11 августи 1937
|Ноҳияи Ванҷ бо 6 деҳшӯро
|Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ)
|}
Дар нимаи солҳои 1950-ум сиёсати муҳоҷиркунонии аҳолии кӯҳистон ба водиҳои пахтакор ба Ванҷ низ бетаъсир намонд: соли 1954 сокинони водии Язғулом ба ноҳияи Куйбишеви водии Вахш кӯчонида шуданд. Гармои тоқатфарсо, беморшавии оммавӣ ва фавти зиёди кӯдакон ин муҳоҷиратро барои кӯчидагон фоҷиабор гардонд ва бахши зиёди онҳо тадриҷан ба зодгоҳи худ баргаштанд, ҳарчанд на ҳама; як ҷамоаи язғуломизабон то имрӯз дар водии Вахш боқӣ мондааст.<ref name="fn582">Из полевых записей середины прошлого века. Об экспедициях в язгулямский язык в 1950-х гг. (рус.) // Сомонаи Пажӯҳишгоҳи забоншиносии Академияи илмҳои Русия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn592">Язгулямский язык (рус.) // Экспедиции Московской школы полевой лингвистики. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn602">Астрономические знания язгулемцев (рус.) // Восток (Oriens). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон (солҳои 1992-1997), ки байни ҳукумати марказӣ ва Иттиҳоди Оппозиюни Тоҷик ба вуқӯъ пайваст, ба вазъи умумии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ бетаъсир намонд: азбаски аксарияти сокинони исмоилимазҳаби вилоят – бахусус дар ноҳияҳои Рӯшону Шуғнон – паноҳгоҳ ва пуштибони қувваҳои мухолифи ҳукумат гардиданд, вилоят яке аз пойгоҳҳои асосии Иттиҳоди Оппозиюн ба шумор мерафт.<ref name="fn612">Gorno-Badakhshan (англ.) // Grokipedia. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар манобеи дастраси таърихӣ то кунун таъсири мушаххаси ин ҷанг бар ноҳияи Ванҷ – ки, тавре дар боло зикр гардид, аз ҷиҳати мазҳабӣ бо аксари ноҳияҳои дигари вилоят фарқ дошта, суннимазҳаб аст – ба таври алоҳида ва мустанад пажӯҳиш нашудааст. Дар маҷмуъ, ин ҷанг тайи панҷ сол тахминан 50 то 100 ҳазор кушта ва беш аз як миллион гурезаву овораро дар саросари Тоҷикистон ба бор овард, пеш аз он ки 27 июни соли 1997 дар Маскав Созишномаи умумӣ доир ба барқарор кардани сулҳ ва ризояти миллӣ миёни Президент Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари Иттиҳоди Оппозиюн Саид Абдулло Нурӣ ба имзо расид.<ref name="fn622">Tajikistan Civil War (англ.) // Facts and Details. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn632">Civil war in Tajikistan (англ.) // En-Academic. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Осори таърихӣ ==
Дар қаламрави Ванҷ мавзеъ, осор ва ёдгориҳои таърихии бисёр вуҷуд доранд, вале то ҳол таҳқиқоти шоистае дар ин росто анҷом наёфтааст. Тибқи омори соҳаи сайёҳии ВМКБ, дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ ба ҳолати соли 2024 15 ёдгории таърихию фарҳангӣ ба қайд гирифта шудааст.<ref name="fn642">Аз табиат ба санъати инсонӣ: 7 муъҷизаи нави ҷаҳонӣ номида шуд // Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30 марти 2024. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Барои дарки мантиқи ҷойгиршавӣ ва моҳияти ин осор, бояд заминаи таърихию сиёсии ташаккули онҳоро дарк намуд. Бино бар маълумоти таърихномаҳои асримиёнагӣ, дар садаҳои VII-VIII қаламрави кунунии Ванҷ ҷузъи вилояти таърихии Кумед буд, ки болооби дарёи Вахшро фаро гирифта, сарзамини имрӯзаи ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ва шимоли Бадахшонро дар бар мегирифт.<ref name="fn652">Таърихи Тоҷикистон // Википедиа. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Баъдтар, дар асрҳои миёна, Ванҷу Дарвоз як сарзамини воҳидро ташкил дода, бо номи ''«Курон»'' ёд мешуданд, ки маркази он деҳаи кунунии Кеврон будааст.<ref name="fn662">Таърихи шаҳр // Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Маҳз дар ин заминаи қадимии сиёсӣ, ки бо мустақилияти нисбии маҳаллӣ ва хатари доимии ҳуҷумҳои беруна тавсиф мешуд, эҳтиёҷ ба бунёди қалъаҳои мустаҳкам ба миён омад.
Пеш аз тавсифи муфассали Мушкетов, қадимтарин шаҳодати мустанади русӣ дар бораи ин қалъаро низ капитан Кузнецов дар гузориши соли 1892-и худ сабт кардааст. Ӯ зимни тавсифи амлокдории Ванҷ чунин навиштааст:
''«Ванчское амилякдарство расположено по р. Ванчъ и частью по правому берегу р. Пянджъ. Мѣстопребываніе амилякдара кишлакъ Кала-и-Рохарвъ (на нашихъ картахъ Кала-и-Ванчъ); имѣется небольшая крѣпостца.»''
Тарҷума: ''«Амлокдории Ванҷ дар канори дарёи Ванҷ ва қисман дар соҳили рости дарёи Панҷ ҷойгир аст. Маҳалли иқомати амлокдор кишлоки Қалъаи Рохарв аст (дар харитаҳои мо — Қалъаи Ванҷ); дар он қалъачаи хурде мавҷуд аст»''.<ref name="fn672">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 79.</ref>
Ин иттилои Кузнецов, ки бисту се сол пеш аз тавсифи муфассали Мушкетов сабт шудааст, собит месозад, ки номи ''«Қалъаи Ванҷ»'' барои Рохарв аллакай дар харитаҳои расмии охири асри XIX ба кор мерафт ва Рохарв аз ҳамон замон ҳамчун маркази маъмурии амлокдории Ванҷ шинохта мешуд.
Қалъаи Ванҷ дар баландии соҳили рости Ванҷоб, дар масофаи 15 км аз резишгоҳи он ба дарёи Панҷ воқеъ гашта буд. Мавқеъияти ин қалъа аз нигоҳи ҳарбию стратегӣ бисёр созгор будааст ва ба муҳофизонаш имкон медодааст, ки муддати тӯлонӣ аз худ дифоъ кунанд. Тавсифи илмии Рохарв ва қалъаи онро ҳанӯз соли 1916 узви Ҷамъияти ҷуғрофии Русия Д. И. Мушкетов интишор додааст.<ref name="fn510" /> Дар мақолаи худ, ки натиҷаи боздиди шахсии ӯст, Мушкетов мавқеи стратегии Рохарвро чунин тавсиф кардааст:
''«Административнымъ центромъ Ванча всегда былъ и есть базарный кишлакъ Рохаръ (или Рохарвъ) въ 40 дворовъ, расположенный на правомъ берегу рѣки, въ двадцати верстахъ выше ея устья, на высотѣ 5.950 футъ, у моста, ведущаго къ перевалу Гушхонъ, запирая собой, слѣдовательно, единственный конный путь на Язгулемъ, Рошанъ и Памиръ. Это важное стратегическое положеніе и было использовано древними правителями Ванча – «Шо», воздвигнувшими здѣсь крѣпость (Кала-и-Ванчъ) и избравшими ее для своей резиденціи.»''
Тарҷума: ''«Маркази маъмурии Ванҷ ҳамеша кишлоки бозории Рохар (ё Рохарв) буд ва то ҳол ҳамин аст – бо 40 хонавода, дар соҳили рости дарё, дар бисту версти болотар аз резишгоҳи он, дар баландии 5950 фут, назди пуле, ки ба ағбаи Гушхон мебарад, ва бо ин васила ягона роҳи аспсаворро ба Язғулом, Рӯшон ва Помир мебандад. Маҳз ҳамин мавқеи муҳими стратегӣ буд, ки ҳокимони қадимии Ванҷ – «Шоҳ»-ҳо – истифода бурда, дар ин ҷо қалъа (Қалъаи Ванҷ) бино карданд ва онро барои қароргоҳи худ интихоб намуданд»''.<ref name="fn682">Мушкетов Д. И. Рохаръ (Кала-и-Ванчъ). --- Петроградъ: Типографія М. М. Стасюлевича, 1916. --- (Отдѣльный оттискъ изъ тома LII (1916 г.) Извѣстій Императорскаго Русскаго Географическаго Общества № 876). --- С. 7.</ref> Мушкетов инчунин интихоби маҳалли қалъаро аз нигоҳи амниятӣ шарҳ додааст:
''«Мѣсто выбрано весьма хорошо и удобно, на возвышеніи, съ котораго открытый видъ во всѣ стороны, и долина Ванча, какъ на ладони; рѣка отъ стѣнъ крѣпости въ 3 қулочяхъ, но для обезпеченности водоснабженія имѣлся къ ней подземный ходъ; невдалекѣ, на луговинѣ у рѣки, имѣется прудикъ, наполняемый ключемъ теплой, солоноватой воды, предоставляющій идеальное купанье.»''
Тарҷума: ''«Ҷой хеле хуб ва мувофиқ интихоб шудааст, дар баландие, ки аз он манзараи кушода ба ҳар тараф дида мешавад ва тамоми водии Ванҷ мисли кафи даст намоён аст; дарё аз деворҳои қалъа дар масофаи 3 қулочӣ ҷой дорад, вале барои таъмини бехатари обтаъминкунӣ роҳи зеризаминӣ ба он вуҷуд дошт; дар наздикӣ, дар марғзори лаби дарё, ҳавзчае ҳаст, ки аз чашмаи оби гарму намакини он пур мешавад ва барои шиноварии беҳамто мувофиқ аст»''.<ref name="fn682" /> Дар бораи сохти худи қалъа Мушкетов навиштааст:
''«Постройка, конечно, глинобитная, но довольно массивная, со стѣнами до 4 қулочей высотой, обнесенными съ трехъ сторонъ рвомъ, съ бойницами и пятью угловыми башнями. Внутреннія перегородки частью деревянныя, равно какъ и колонны, балки и двери, тонкой, старинной рѣзной работы.»''
Тарҷума: ''«Бино, албатта, гилину похсагин аст, валекин бисёр мустаҳкаму матин, бо деворҳои баланди чаҳорқулоча, ки аз се сӯйи он, хандақе бар гирди он кандаанд, бо тиркашҳову бурҷҳои панҷгонаи кунҷӣ. Деворҳои миёнҷии дохилӣ, қисман, чӯбинанд, ҳамчунин, сутунҳову болорҳову дарҳои он, ки бо кандакории нафису куҳан оростаанд»''.<ref name="fn682" />
Мушкетов санаи боздиди худ ва оғози кашидани нақшаи қалъаро низ қайд кардааст: ''«Многое уже разрушено (мое посѣщеніе относится къ 11 іюля 1905 г.), но общее расположеніе еще сохранилось и я, пользуясь обстоятельными поясненіями почтеннаго шейха-токсабы Ванча, снялъ планъ всей крѣпости»'' (тарҷума: ''«Бисёр чиз аллакай хароб шудааст (боздиди ман ба 11 июли соли 1905 рост меояд), вале тартиби умумӣ то ҳол нигоҳ дошта шудааст ва ман, бо истифода аз тавзеҳоти муфассали шайх-тӯксабои эҳтиромноки Ванҷ, нақшаи тамоми қалъаро кашидам»'').<ref name="fn682" />
Нақшаи қалъа, ки Мушкетов кашидааст, 27 ҳуҷраву қисми қалъаро бо рақам нишон медиҳад, ки шарҳи онҳо чунин аст:<ref name="fn682" />
Ур - обдорхона
Дарвозахона – ҳуҷраи нигаҳбонону дарбонон
Ҳуҷраи навкарҳо
Бадарравхона – ҳоҷатхона
Долон – ҳавлии аспҳо
Ахтахона – оғилхона, ва болои он анборхонаи алаф
Пештоқ – гузаргоҳи пӯшида
Фаррошхона – ҳуҷраи сайисон
Пештоқи дуюм (баландии 3 қулоч)
Гулгунхона – ҳуҷраи пазириши меҳмонон
Ҳуҷраи худи шоҳ
Қӯрғон – сарбозхона (харобшуда)
Ғуломгардиш – долони мамониаткунандаи дидани занони дар боғ гардандагӣ
Ошхона – ошхона
Роҳрав – долон
Ғуломгард – гузаргоҳ ба қисми занона
Хазина – ҳуҷраи хазинадорӣ
Ҳаммом – ҳаммом
Пештоқи занона
Ҳуҷраи зани шоҳ – тобистона
Ҳуҷраи зани шоҳ – зимистона
Тӯпхона – манора
Рӯйи ҳавлӣ – ҳавлии пӯшида
Ҳарам (харобшуда)
Анборхона (болои ҳуҷраи 16)
Манора – ҳоло ҳуҷраи меҳмонон – меҳмонхона
Оғози роҳи зеризаминӣ ба сӯи дарё
Дар масофаи як версти болотари Рохар, дар канори роҳ, Мушкетов ду гӯри қадимиро низ ба қайд гирифтааст: ''«Въ верстѣ выше Рохара по долинѣ, около дороги, двѣ древнихъ гробницы съ фигурными стѣнами, имѣющими какое-то отношеніе къ крѣпости; интересно, что на могильномъ шестѣ, помимо обычныхъ куска матеріи и конскаго хвоста (на боковой перекладинѣ), сверху помѣщены изображенія сложенной руки (ладони) и голубя»'' (тарҷума: ''«Дар як версти болотар аз Рохар, дар паҳлӯи роҳ, ду гӯри қадимӣ бо деворҳои нақшдор ҳастанд, ки бо қалъа алоқаи муайяне доранд; ҷолиб ин аст, ки бар болои чӯби қабр, ба ғайр аз пораи матоъ ва думи асп (дар чӯби паҳлӯӣ)-и маъмулӣ, тасвири дасти гирдкардашуда (кафи даст) ва кабутар низ гузошта шудааст»'').<ref name="fn682" />
Ба ғайр аз ин, Мушкетов дар поварақи худ ёдовар шудааст, ки ягона роҳи воридшавӣ ба водӣ аз тарафи Панҷ низ бо қалъаи хурди дигаре мустаҳкам карда шуда буд: ''«Этотъ единственный выходъ кромѣ того очень искусно былъ загражденъ небольшой крѣпостцей, остатки которой еще видны на изолированномъ холмѣ въ устьѣ Ванча»'' (тарҷума: ''«Ин ягона баромадгоҳ аст, илова бар ин, хеле моҳирона бо қалъачаи хурде масдуд шуда буд, ки бақоёи он то ҳанӯз дар теппаи ҷудоуфтодаи резишгоҳи Ванҷ ҳувайдоанд»'').<ref name="fn692">Мушкетов Д. И. Рохаръ (Кала-и-Ванчъ). --- Петроградъ, 1916. --- Тавзеҳот, №4.</ref>
Тибқи мушоҳидаи ӯ, қалъа бевосита дар масири корвонрав ба сӯи ағбаи Гушхон қарор дошт, ки тавассути он роҳи корвонӣ ба водии Язғулом ва аз он ҷо ба самти баландкӯҳҳои Помир мерасид.<ref name="fn702">Долина реки Ванч // Свободный туризм (poxod.ru). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Пеш аз он ки Мушкетов худ соли 1905 аз қалъа боздид кунад, тавсифи мухтасартаре аз он – тахминан 13 сол пештар – аллакай ба қалами А. А. Семёнов тааллуқ дошт, ки соли 1898 шахсан аз қалъа дидан кардааст:
''«Въ низовьи р. Ванджа лежитъ самый значительный кишлакъ долины, Кал'аи-Ванджъ, или Кал'аи-Рохарвъ (крѣпость Ванджа, крѣпость Рохарвъ). Укрѣпленіе въ немъ до сихъ поръ на обрывистомъ берегу довольно хорошо сохранилось. Стѣны крѣпости–мѣстами глинобитныя, мѣстами сложены изъ кирпичей и камней. По бокамъ лицевой стороны крѣпости–двѣ полуразрушенныхъ зубчатыхъ башни.»''
Тарҷума: ''«Дар поёноби рӯди Ванҷ бузургтарин кишлоки водӣ ҷойгир аст – Қалъаи Ванҷ, ё Қалъаи Рохарв (қалъаи Ванҷ, қалъаи Рохарв). Истеҳкоми он то ба имрӯз дар соҳили баланди дарё нисбатан хуб нигоҳ дошта шудааст. Деворҳои қалъа ҷо-ҷо гилини, ҷо-ҷо аз хишту санг сохта шудаанд. Аз ду тарафи рӯи қалъа ду манора нимвайрони дандонадор қарор доранд»''.<ref name="fn712">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 8.</ref> Муҳимтар аз ҳама, Семёнов санаи тахминии бунёди қалъа ва номи бинокори онро сабт кардааст – маълумоте, ки то кунун дар ягон манбаи дигари дастраси мақола наомадааст:
''«Крѣпость, по преданію, была построена лѣтъ двѣсти тому назадъ дарвазскимъ ханомъ, Азиз-Ханомъ, и, вѣроятно, не разъ служила хорошую службу ея защитникамъ во времена независимаго Дарваза. Теперь въ ней живетъ амлякдаръ (начальникъ округа) долины Вандж.»''
Тарҷума: ''«Қалъа, тибқи ривоят, тахминан дусад сол пеш аз ҷониби хони дарвозӣ – Азиз-Хон – бино ёфтааст ва эҳтимол, борҳо ба муҳофизони худ дар давраи истиқлолияти Дарвоз хидмати шоиста кардааст. Ҳоло дар он амлокдор (сарвари ноҳия, яъне шоҳ)-и водии Ванҷ зиндагӣ мекунад»''.<ref name="fn722">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 8--9.</ref> Азбаски китоб соли 1903 нашр шуда ва мушоҳидаи муаллиф соли 1898 сурат гирифтааст, ин ривоят санаи бунёди қалъаро тахминан ба солҳои 1698-1700 рабт медиҳад.
Семёнов инчунин ду навиштаи девории қалъаро айнан нусхабардорӣ кардааст: як байти форсӣ дар бораи гардиши бераҳмонаи рӯзгор, ва як ёдгории русии сайёҳони соли 1896 – ''«Прибылъ разъѣздъ 25 числа августа за старшаго общивкй Яковъ. Черновъ. и джигить Николай Каплун и перевочикъ Ашурбай. 1896 года»'' (тарҷума: ''«Гурӯҳи саворагон 25 августи соли 1896 омаданд: сардор Яков Чернов, ҷигит Николай Каплун ва тарҷумон Ашурбой»'').<ref name="fn722" />
Гумон меравад, ки дар тамоми ҳавзаҳои Бадахшон сукунати одамон ба як давраи таърихӣ мансуб будааст. Ёдгориҳои манзилӣ ва меъмориву мудофеавии асримиёнагии ғарби Бадахшон, ки дар деҳаи Баравни ҷамоати деҳоти Водхуд воқеанд ва аз ҷиҳати амнияти ҳарбӣ бисёр муносибу побарҷоянд, бо камоли таассуф, то кунун таҳқиқи шоиста нашудаанд.
Нақшу нигораҳои рӯйи харсангҳои водии Язғулом, ки дар деҳаҳои Жамаг, Андарбоғ ва Мотравн ба даст омадаанд, агарчи ҳанӯз комилан омӯхта нашудаанд, гувоҳи муътамаде аз ҳузури мардум ва сукунати онон аз замонҳои бостонӣ дар ин минтақа ҳастанд. Дар байни ин сангнигораҳо, ки ба навъи умумии петроглифҳои Помиру Бадахшон шабоҳат доранд, тасвири нахчир (бузи кӯҳӣ бо шохҳои калон), саҳнаҳои шикор бо камон, рамзҳои офтобӣ ва изи дасту пойи инсон бештар вомехӯранд; дар мифологияи мардумони эронитабор бузи кӯҳӣ рамзи покиву ҳосилхезӣ ва иртибот бо олами боло дониста мешавад.<ref name="fn642" />
Дар қаламрави Ванҷ, ба монанди дигар минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон, сағонаҳо ва дахмаҳои сангии куҳан низ аз насл ба насл боқӣ мондаанд, ки далели ошкори таърихи чандҳазорсолаи ин сарзамин мебошанд. Чунин иншооти дафнӣ, ки дар ҷойҳои махсуси сангӣ, дар баландиҳо ё ғорҳо бунёд меёфтанд, эҳтимолан боқимондаи анъанаҳои дафнии пешазисломӣ мебошанд; тибқи баъзе оинҳои қадими маҳаллӣ (аз ҷумла эътиқодоти наздик ба дини зардуштӣ), ҷасади фавтида набояд бо унсурҳои муқаддаси табиат – хок, об ё оташ – тамос мегирифт.<ref name="fn642" /> Ҳарчанд имрӯз тамоми аҳолии ноҳия мусулмони суннии ҳанафимазҳабанд ва расму оини дафни исломиро ба таври қатъӣ риоя мекунанд, мавҷудияти ин сағонаву дахмаҳо аз як давраи гузариши тӯлонии фарҳангӣ ва қабатҳои гуногуни динию эътиқодӣ дар минтақа хабар медиҳад.
Ёдгориҳои бостонии Помири Ғарбӣ, аз ҷумла мавзеъҳои қаламрави Ванҷ, дар силсилаи бунёдии ''«Харитаи бостоншиносии Тоҷикистон»'' – муҷаллади марбут ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки бостоншинос М. А. Бубнова таълиф намудааст ва ёдгориҳои давраи сангро то садаи XX фаро мегирад, – ба қайд гирифта шудаанд.<ref name="fn732">Бубнова М. А. Горно-Бадахшанская автономная область. Западный Памир (памятники каменного века --- XX в.). --- Душанбе, 2008. --- (Археологическая карта Таджикистана).</ref>
Илова бар ёдгориҳои меъморӣ ва дафнӣ, мероси беназири саноатии Ванҷ – боқимондаҳои кӯраҳои қадимии оҳангудозӣ (домнитсаҳо) – низ бахши муҳими осори таърихии ноҳия ба шумор мераванд. Тибқи маълумоти иқтисоддон И. Е. Ходоров, ки соли 1929 таҳлилҳои М. С. Андреевро дар бораи ин ҳунар тасдиқ ва иқтибос овардааст, дар боварҳои мардумии ванҷиён металли ҳосили ин кӯраҳо на танҳо арзиши истеҳсолӣ, балки хосияти шифобахш низ дошт: маҳсули онро ''«барои табобати ҳар гуна бемориҳо пешбинӣ карда, ба ҷойи дардманд мегузоштанд»''.<ref name="fn522" /> Ин боварҳо нишон медиҳанд, ки осори саноатии Ванҷ бо мероси ғайримоддӣ ва эътиқодоти мардумӣ пайванди зич доштааст, ва имрӯз боқимондаҳои ин кӯраҳо, харобаҳои коргоҳҳо ва партовҳои маъданӣ (шлакҳо) дар дараҳои Ванҷ метавонанд ҳамчун мавзеи нодири ''«бостоншиносии саноатӣ»'' мавриди пажӯҳиши минбаъда қарор гиранд.
Сарчашмаи аввалини сабти илмии ин ҳунар – 23 сол пеш аз рисолаи Андреев (1926) – низ ба Семёнов тааллуқ дорад:
''«Богатыя залежи желѣзной руды въ верховьяхъ р. Ванджа даютъ горцамъ Ванджской долины неисчерпаемый матеріалъ для различнаго рода желѣзныхъ издѣлій, которыя удовлетворяютъ самымъ разнообразнымъ требованіямъ домашняго обихода горныхъ таджиковъ и потому расходятся изъ этой огромной кузницы, какова долина Ванджа, по всему Дарвазу, Каратегину и Язгуляну, проникая даже въ отдаленные и трудно достижимые уголки Рошана, Шугнана и Вахана.»''
Тарҷума: ''«Захираҳои бойи маъдани оҳан дар болооби рӯди Ванҷ ба кӯҳистониёни водии Ванҷ маводи беохири намудҳои гуногуни маснуоти оҳанӣ медиҳанд, ки эҳтиёҷоти гуногуни рӯзгори тоҷикони кӯҳӣ қонеъ мегардонанд ва аз ин кӯрахонаи азим, яъне водии Ванҷ, ба тамоми Дарвозу Қаротегину Язғулом паҳн мешаванд, ҳатто ба гӯшаҳои дурдасту дастнораси Рӯшону Шуғнону Вахон низ ворид мегарданд»''.<ref name="fn742">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 62.</ref>
Семёнов инчунин номи мушаххаси деҳаеро сабт кардааст, ки дар он раванди коркарди оҳанро шахсан мушоҳида намудааст: ''«Самый способъ добыванія желѣза намъ пришлось наблюдать во кишлакѣ Сытаргъ, на Ванджѣ»'' (тарҷума: ''«Худи усули истихроҷи оҳанро мо тавонистем дар кишлоки Сытарг, дар Ванҷ, мушоҳида кунем»'').<ref name="fn742" /> Ӯ ҳамчунин тавсифи мубодилаи тиҷоратии маснуоти оҳании Ванҷро бо минтақаҳои ҳамсоя овардааст: ''«Эти издѣлія находять большой сбыть на рынкахъ Кал'аи-Хума и въ сосѣднихъ долинахъ: Язгуляна и Оби-Хингоу, причемъ продажа на деньги совершается очень рѣдко; обыкновенно вещи мѣняются на тѣ, которыя необходимы таджикамъ Ванджа»'' (тарҷума: ''«Ин маснуъот дар бозорҳои Қалъаи Хум ва водиҳои ҳамсоя – Язғулому Оби-Ҳингов – фурӯши хубе меёбанд, вале фурӯш ба пул хеле кам сурат мегирад; одатан молҳо ба он чизҳое иваз мешаванд, ки барои тоҷикони Ванҷ зарур аст»'').<ref name="fn752">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 64.</ref>
== Мардум ==
Аксарияти аҳолии ноҳия тоҷиконанд; инчунин теъдоди ангуштшумори русҳо ва намояндагони халқҳои дигар низ зиндагӣ мекунанд. Аҳолии ноҳия аз рӯи диёнат мусулмони суннии ҳанафимазҳабанд.<ref name="fn139" />
Мардумшиноси рус Л. Ф. Моногарова дар пажӯҳиши бунёдии худ доир ба таркиби қавмии ВМКБ, дар бораи гузаштаи қавмии ванҷиён чунин навиштааст:
''«В прошлом из припамирских народностей наиболее тесно соприкасались с горными таджиками ванчцы (правильнее ванджи), коренное население долины р. Ванч (Вандж), входившей в Бухарский эмират. Духовенство эмирата проводило насильственное обращение в суннизм всех, исповедовавших другую религию. Под влиянием суннитской идеологии у ванчцев изменились общественные и семейные взаимоотношения, моральные нормы, бытовой уклад в целом. Постепенное экономическое и культурное сближение ванчцев с таджиками привело к утрате ванчцами своего родного языка, замене его таджикским (ванчским или ванджским говором таджикского языка), а в конечном итоге к слиянию ванчцев с таджиками. Население остальных районов республики считает ванчцев таджиками. «Судя по некоторым признакам, „ванджский язык“, входя в северную подгруппу памирских языков, наиболее тесно примыкал к язгулемскому языку» [32, 131].»''
Тарҷума: ''«Дар гузашта, аз миёни халқиятҳои помирӣ, ванҷиён (дурусттараш — ванҷиҳо) — аҳолии бумии водии дарёи Ванҷ (Вандж), ки ҷузъи аморати Бухоро буд — бештар аз ҳама бо тоҷикони кӯҳистонӣ дар тамос буданд. Рӯҳониёни аморат нисбат ба ҳамаи пайравони дигар эътиқодҳо табдили ҷабрии мазҳаби суннӣ мегузарониданд. Таҳти таъсири мазҳаби суннӣ дар байни ванҷиён муносибатҳои ҷамъиятиву оилавӣ, меъёрҳои ахлоқӣ ва тарзи зиндагӣ дар маҷмуъ тағйир ёфтанд. Наздикшавии тадриҷии иқтисодиву фарҳангии ванҷиён бо тоҷикон боиси аз даст рафтани забони модарии ванҷиён гардид: он бо забони тоҷикӣ (гӯиши ванҷии забони тоҷикӣ) иваз шуд ва дар ниҳоят ба омезиши ванҷиён бо тоҷикон анҷомид. Аҳолии дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ ванҷиёнро тоҷик мешуморанд. «Бино бар баъзе аломатҳо, „забони ванҷӣ“, ки ба зершохаи шимолии забонҳои помирӣ дохил мешуд, аз ҳама наздиктар ба забони язғуломӣ буд» [32, 131].»''.<ref name="fn154">Моногарова Л. Ф. Этнический состав и этнические процессы в Горно-Бадахшанской автономной области Таджикской ССР // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 185–186.</ref>
Дар бораи мазорҳои муқаддаси эҳтиромшавандаи Ванҷ дар охири асри XIX, капитан Кузнецов чунин сабт кардааст:
''«Населеніе Дарвоза не отличается особой набожностью и имѣетъ весьма малое число молитвенныхъ домовъ–мечетей, по за то въ Дарвозѣ есть нѣсколько могилъ святыхъ, весьма почитаемыхъ жителями. Наибольшимъ почитаніемъ отличаются могилы: Хазретъ-и-Бурхъ на р. оби-Мазаръ, Пой-Маваръ-Хазретъ-Садыръ-Сеибъ въ верховьяхъ р. Ванчъ и Ходжа-и-Миратбашъ-Султанъ-Сеидъ на сѣверномъ склонѣ Дарвозскихъ горъ, противъ кишлака Кальпъ.»''
Тарҷума: ''«Аҳолии Дарвоз бо диндории хосае фарқ намекунад ва шумораи хонаҳои ибодат — масҷидҳо — дар он хеле кам аст, вале дар ивазаш, дар Дарвоз якчанд мазори авлиё ҳаст, ки сокинон онҳоро сахт эҳтиром мекунанд. Бештарин эҳтиромро мазорҳои зерин доранд: Ҳазрати Бурх дар канори дарёи оби-Мазор, Пойи Маварҳазрати Содирсаиб дар болооби дарёи Ванҷ ва Хоҷаи Миротбоши Султонсаид дар нишеби шимолии кӯҳҳои Дарвоз, рӯ ба рӯи кишлоки Калп»''.<ref name="fn762">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 65.</ref>
Бар асоси омори саршумории саросарии Иттиҳоди Шӯравӣ аз соли 1939, аҳолии Ванҷ 9218 нафар буд: 9031 нафарашон ванҷиёни бумӣ, 134 нафар – рус, 6 нафар – тотор, 5 нафар – узбак ва 1 нафар – қазоқ.<ref name="fn772">Всесоюзная перепись населения 1939 года. Национальный состав населения районов, городов и крупных сёл союзных республик СССР: Ванчский район (рус.) // Демоскоп Weekly. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Бино ба омори соли 1979 аҳолии Ванҷ 15 855 нафар ва тибқи омори 1992 – 22 700 нафарро ташкил медод. Тибқи маълумоти расмӣ, соли 2009 дар ноҳия 30 700 нафар зиндагӣ мекард ва тамоми аҳолии он деҳотист.<ref name="fn310" /> Тибқи омори соли 2024 аҳолии Ванҷ ба 35 400 нафар расид. Бар асоси муқоисаи ин ду омор метавон чунин натиҷагирӣ кард, ки тайи 85 сол суръати миёнаи афзоиши солонаи аҳолии Ванҷ тақрибан 1,6 % будааст. Мардуми водии Язғулом ҳиссаи назарраси аҳолии ноҳияро ташкил медиҳанд.
Азбаски беш аз 90 дарсади масоҳати умумии ноҳия (4430,5 км²)-ро лозурҳо, қуллаҳои баландкӯҳ ва нишебиҳои санглохи корношоям фаро мегиранд, зичии расмии аҳолӣ (тақрибан 7,7-8 нафар дар як километри мураббаъ) манзараи воқеии ҷойгиршавии аҳолиро пурра инъикос намекунад – амалан тамоми сокинон дар як рахи танги қад-қади дарёҳои Ванҷобу Язғулом мутамарказ шудаанд.<ref name="fn310" /> Ин номутаносибии шадид миёни рушди табиии аҳолӣ ва маҳдудияти мутлақи заминҳои корам (соли 2012 ҳамагӣ 1381 гектар, баъдан бо азхудкунии заминҳои нав ба 2601 гектар расида)<ref name="fn310" /> яке аз сабабҳои асосии муҳоҷирати меҳнатии ноҳия маҳсуб мешавад (ниг. бахши ''«Муҳоҷирати меҳнатӣ»'').
{| class="wikitable"
|+Ҷадвали 3. Динамикаи шумораи аҳолӣ (ҳазор нафар), 1939-2013
!сол
!1939
!1979
!1992
!1995
!2000
!2002
!2003
!2004
!2005
!2006
!2007
!2008
!2009
!2011
!2012
!2013
|-
|шумора
|9,2
|15,9
|22,7
|28,4<ref name="fn472" />
|28,5<ref name="fn472" />
|28,3<ref name="fn472" />
|29,9<ref name="fn472" />
|30,1<ref name="fn472" />
|28,8<ref name="fn472" />
|30,3<ref name="fn472" />
|33,4<ref name="fn472" />
|29,7<ref name="fn472" />
|30,7<ref name="fn310" />
|30,8
|31,1
|31,3
|}
{| class="wikitable"
|+Ҷадвали 4. Динамикаи шумораи аҳолӣ (ҳазор нафар), 2014-2024
!сол
!2014
!2015
!2016
!2017
!2018
!2019
!2020
!2021
!2022
!2023
!2024
|-
|шумора
|31,7
|31,9
|32,4
|32,9
|33,6<ref name="fn782">Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2019 года. Сообщение Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан (рус.).</ref>
|34,1<ref name="fn782" />
|34,4<ref name="fn792">Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2020 года (рус.) // Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
|34,1
|34,4
|35,1
|35,4
|}
Барои солҳои 1995-2008 омори мазкур (арзиши ''«умумӣ»'', яъне аҳолии доимии сабтшуда) бар асоси таҳлили муфассали демографии Р. Масов ва Ҳ. Пирумшоев дар ''«Файзи истиқлол дар "Боми ҷаҳон"»'' (Душанбе, 2011, саҳ. 362-363) илова карда шуд. Барои солҳои 1992 ва 2009 бошад, бо мақсади нигоҳ доштани пайдарпаии рақамҳои аллакай сабтшуда аз сомонаи расмии badakhshon.tj, арзиши аслии қаблӣ боқӣ монд.
=== Фарҳанги моддӣ: либоси анъанавӣ ===
Дар шароити сарди кӯҳистони Ванҷу Бадахшон, дар гузашта истифодаи матоъҳои пашмину чармӣ бартарӣ дошт ва мероси бофандагии маҳаллӣ ба истеҳсоли матоъҳои худӣ бо рангҳои табиии гиёҳии кӯҳӣ асос меёфт.<ref name="fn802">Таҳқиқоти этнолингвистии лексикаи гӯйиши тоҷикони водии Ғорон // Диссертатсия. Санҷида шуд 24 июли 2026.</ref> Либоси занонаи суннатӣ асосан аз курта, эзор, пойафзол, сарбанд ва ороишоти гуногун иборат буд; таърихан ду намуди курта маъмул буд – куртаи якқади камартангу доманвасеъ, ки пиразанон мепӯшиданд, ва куртаҳои камзулчадор бо гиребони буғак (уфуқӣ буридашуда бо зеҳгулу гулдӯзӣ), ки духтарону арӯсон ба бар мекарданд.<ref name="fn812">Либоси миллии тоҷикон // Википедиа. Санҷида шуд 24 июли 2026.</ref> Дар минтақаи Бадахшон, аз ҷумла Ванҷу Язғулом, унсурҳои хоси либоси кӯҳистонӣ – тоқии мудаввар бо нақшҳои гулдӯзии дақику пӯпак ва ҷӯробҳои ғафси пашмин бо нақшҳои ҳандасии бисёрранг (нақши офтоб, шохи қӯчқор, чалипо ва ғайра) – то имрӯз аҳамияти худро гум накардаанд.<ref name="fn812" />
=== Фарҳанги моддӣ: манзил ва хоҷагии деҳот (тибқи маълумоти асри XIX) ===
Тавсифи қадимтарини хусусиятҳои хоси манзилу хоҷагии Ванҷ ба А. А. Семёнов (1898) тааллуқ дорад. Ӯ анборчаҳои хоси болои сутунро ба қайд гирифтааст: ''«На Ванджѣ и мѣстами по Пянджу встрѣчаются подъ хижинъ еще небольшіе, съ плоскими крышами, амбарчики (амбаръ) для хлѣба и разнаго скарба... они воткнуты надъ землею на четырехъ (подъ углами) камняхъ или столбахъ»'' (тарҷума: ''«Дар Ванҷ ва ҷо-ҷо дар Панҷ, наздики хонаҳо анборчаҳои хурди боми ҳамвор (амбор) барои нону дигар молу ашё вомехӯранд... онҳо болои замин, бар чор санг ё сутуни канҷакӣ гузошта шудаанд»'').<ref name="fn822">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 34.</ref>
Дар бораи нақшу нигори деворҳои хонаҳои Ванҷ низ маълумот овардааст: ''«По Сурхобу и Хингобу, Ванджу и Пянджу на стѣнахъ многихъ хижинъ попадаются и орнаменты въ видѣ пятенъ, различныхъ безпорядочныхъ линій или же въ видѣ дѣтски намалеванныхъ фантастическихъ деревьевъ»'' (тарҷума: ''«Дар канори Сурхобу Ҳингов, Ванҷу Панҷ дар деворҳои бисёр хонаҳо нақшу нигор ба шакли доғ, хатҳои бетартиби гуногун ё дарахтони хаёлии кӯдакона кашидашуда вомехӯранд»'').<ref name="fn832">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 36.</ref>
Хонаи тобистонаи хоси Ванҷ (''«чолеб»'') низ дар ин асар қайд шудааст: ''«По Ванджу и отчасти на Пянджу, кромѣ описанныхъ зимнихъ помѣщеній, встрѣчаются еще спеціальныя лѣтнія жилища (чолѣбъ), чего нѣтъ нигдѣ въ прочихъ мѣстахъ»'' (тарҷума: ''«Дар Ванҷ ва қисман дар Панҷ, ба ғайр аз хонаҳои зимистонаи тавсифшуда, боз хонаҳои махсуси тобистона (чолеб) вомехӯранд, ки дар ҷойҳои дигар вуҷуд надоранд»'').<ref name="fn842">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 44.</ref>
Ниҳоят, Семёнов камбизоатии заминҳои Ванҷ ва такягоҳи мардум ба дарахти туг (мевадиҳандаи табиӣ)-ро тавсиф кардааст: ''«Мѣстами, какъ, напримѣръ, на Вахіо, на Ванджѣ и въ Дарвазъ по Пянджу, гдѣ природа бѣдна и преобладаетъ каменистая почва... существованіе населенія находится въ тѣсной зависимости отъ туга»'' (тарҷума: ''«Дар баъзе ҷойҳо, масалан дар Ваҳё, дар Ванҷ ва дар Дарвози канори Панҷ, ки табиат камбизоату хоки санглох бартарӣ дорад... мавҷудияти аҳолӣ ба туг вобастагии зич дорад»'').<ref name="fn852">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 56.</ref>
Дар ҳамин китоб, ду намунаи фолклори мардуми Ванҷ низ бори аввал сабт гардидаанд: масали ''«Инсон ва Мор»'' ва ҳикояи ''«Писари вазир»'', ки ҳарду аз забони як шахси мушаххас – Сохибназар аз деҳаи Техарви болооби Ванҷ – навишта шудаанд: ''«Записано со словъ Сохиб-Назара, изъ кишлака Техарвъ, въ верховьяхъ р. Ванджа въ Дарвазѣ»'' (тарҷума: ''«Аз забони Сохибназар, аз кишлоки Техарв, аз болооби рӯди Ванҷ дар Дарвоз, сабт шудааст»'').<ref name="fn862">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 99--100.</ref>
=== Расму оинҳои мотамӣ ===
Маросимҳои марбут ба давраҳои муҳими зиндагии инсон, аз ҷумла маросими мотаму дафн, дар Ванҷу Язғулом хусусиятҳои бениҳоят куҳан ва омехта аз эътиқодоти пешазисломию исломӣ (синкретӣ) то ба имрӯз нигоҳ доштаанд; ин расмҳо аз ҷониби мардумшиносони барҷаста, аз ҷумла М. С. Андреев, И. Л. Моногарова ва А. З. Розенфелд, мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд.<ref name="fn872">Расму оин ва анъанаҳо дар рӯзгори мардуми тоҷик мавқеи муҳим доранд // АМИТ ''«Ховар»'', сентябри 2017. Санҷида шуд 24 июли 2026.</ref> Дар ҷаҳонбинии мардуми кӯҳистон марг на анҷоми мутлақ, балки гузариш ба дунёи дигар ва оғози сафари нави рӯҳ дониста мешавад. Аз ҷумла, агар марҳум ҷавон бошад, барои гусели ӯ тобути махсусе бо матоъҳои равшану рангоранг (на сиёҳ) омода мекунанд, ки бо номи ''«гаҳвораи ноз»'' маъруф аст – ташбеҳи мустақими марг бо таваллуди дубора дар олами дигар, ки Розенфелд онро расми хеле куҳан ва боқимонда аз тасаввуроти бостонии мардуми ориёӣ арзёбӣ кардааст.<ref name="fn872" />
=== Айлоқравӣ ва расму оинҳои кишоварзӣ ===
Иқтисодиёти суннатии мардуми Ванҷ ба ду унсури ба ҳам вобаста – кишоварзӣ дар водиҳои танги поёнӣ ва чорводорӣ дар чарогоҳҳои баландкӯҳӣ – такя мекунад. Ҳар сол дар аввали тобистон, вақте ки заминҳои поёнӣ барои кишти ғалла, картошка ва сабзавот истифода мешаванд, раванди муҳоҷирати мавсимии подаи чорво ба чарогоҳҳои тобистонаи баландкӯҳ, ки бо номи ''«айлоқ»'' маъруф аст, оғоз мегардад.<ref name="fn872" /> Хусусияти ҷолиби ин кӯчиш дар он аст, ки қариб тамоми аҳли деҳа, бахусус занону кӯдакон, дар як рӯзи муайяншуда дастаҷамъӣ ба айлоқ мераванд, дар ҳоле ки қисме аз мардон дар деҳа мемонанд, то корҳои саҳроӣ ва обёрии заминро анҷом диҳанд.
Дар айлоқҳо занон тамоми тобистон машғули ҷӯшидани шир, тайёр кардани маска, равғани зард, дӯғу мосту тарфу ва қурут мешаванд.<ref name="fn872" />
== Забон ==
Мардуми Ванҷ бо гӯиши ванҷии забони тоҷикӣ сухан мегӯянд. Дар водии Язғулом бошад, яке аз забонҳои помирӣ – забони язғуломӣ роиҷ аст.
Лаҳҷаи ванҷии забони тоҷикӣ дар водии Ванҷ аз нимаи дуюми асри XIX густариш ёфта, забони бумии помириро, ки бо номи ванҷӣ маъруф буд, дар поёни ҳамин аср аз байн бурд. Забони ванҷӣ наздиктарин хеши забони язғуломӣ буда, ба гурӯҳи ''«шимолии»'' забонҳои помирӣ дар қатори язғуломӣ ва (эҳтимолан) саргуломӣ дохил мешуд. Мутахассисон аз байн рафтани онро ба охири асри XIX нисбат медиҳанд; мардумшиносон дар ибтидои асри XX аз ин забон танҳо чанд даҳ вожаро сабт карда тавонистаанд.<ref name="fn882">Памирские языки (рус.) // Лингвистический энциклопедический словарь. --- М.: Советская энциклопедия, 1990.</ref><ref name="fn892">Памирские языки (рус.) // Большая российская энциклопедия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Лаҳҷаҳои ванҷии забони тоҷикӣ мавзӯи таҳқиқи бунёдии эроншиноси рус А. З. Розенфелд гардидаанд, ки соли 1964 дар Ленинград монографияи махсуси ''«Ванджские говоры таджикского языка»''-ро дар ҳаҷми 151 саҳифа ба табъ расонидааст.<ref name="fn902">Розенфельд А. З. Ванджские говоры таджикского языка / ЛГУ им. А. А. Жданова. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- 151 с.</ref> Дар гуфтугӯи мардуми Ванҷ ҷӯйборҳои лозурӣ, ки деҳаҳо дар канораи онҳо бино ёфтаанд, ''«даргов»'' номида мешаванд; ба ақидаи Ҳ. Пирумшоев, ин вожа гунаи тағйирёфтаи ибораи ''«даргоҳи об»'' аст.<ref name="fn210" /> Аммо дуруст он аст, ки аслаш дарагоб/дараоб (обе ки аз дара меояд) аст, зеро дар форсии миёна "дара" "дараг" навишта ва талаффуз мешудааст.
Бархе донишмандони рус, монанди И. И. Зарубин, А. З. Розенфелд ва дигарон, назарияеро дар бораи вуҷуди куҳанзабони ванҷӣ (русӣ: старованджский язык) ироя кардаанд, ки тибқи он ин забон тақрибан дусад сол пеш аз байн рафта, гӯиши кунунии ванҷӣ ҷойгузинаш шудааст. И. И. Зарубин дар ин маврид мегӯяд:
Забони куҳнаи ванҷӣ дар водии Ванҷ (шохоби рости Панҷ) ва саргуломӣ дар болооби дарёи Саргулом, дар шарқи вилояти Файзободи Афғонистон ривоҷ дошт. Тақрибан дусад сол пеш лаҳҷаҳои тоҷикӣ ҷои онҳоро гирифтанд.
Забоншинос Т. Н. Пахалина дар баррасии муқоисавии забонҳои помирӣ, забони ванҷиро дар силсилаи забонҳои помирӣ чунин ҷой додааст:
''«Ванджский язык, известный в настоящее время по небольшому количеству слов, зафиксированных в 1924 г. И. И. Зарубиным <ref name="fn610" />, а позднее — А. З. Розенфельд [28; 29] (в прошлом был распространен в долине Ванджа — правого притока Пянджа).»''
Тарҷума: ''«Забони ванҷӣ, ки имрӯз танҳо бо шумораи ками вожаҳо маълум аст ва соли 1924 аз ҷониби И. И. Зарубин ва баъдтар аз ҷониби А. З. Розенфелд сабт шудааст (дар гузашта дар водии Ванҷ — шохоби рости Панҷ — роиҷ буд).»''.<ref name="fn155">Пахалина Т. Н. Сравнительный обзор памирских языков // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 222.</ref>
Шаҳодати дигаре дар бораи фарҷоми ин забон дар мақолаи Т. Г. Абаева дар бораи пажӯҳишҳои А. В. Станишевский омадааст:
''«Укором в адрес лингвистов звучало сообщение о том, что в долине Ванча недавно умерли последние старики, владевшие ванчским языком.»''
Тарҷума: ''«Ҳамчун сарзаниш ба забоншиносон садо дод хабаре дар бораи он, ки дар водии Ванҷ ба наздикӣ пиронсолони охирине, ки забони ванҷиро медонистанд, аз дунё гузаштанд.»''.<ref name="fn157">Абаева Т. Г. Исследования А. В. Станишевского (Азиза Ниалло) о Памире // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 290.</ref>
Забони язғуломӣ, ки дар шаш деҳаи ҷамоати Язғулом ба кор меравад, забони бехат аст ва шумораи гӯяндагонаш тақрибан 3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад; аксари язғуломиён дузабонаанд ва забони тоҷикиро низ медонанд.<ref name="fn912">Язгулямский язык (рус.) // Лингвистический энциклопедический словарь. --- М.: Советская энциклопедия, 1990.</ref><ref name="fn922">Язгулямский язык (рус.) // Большая российская энциклопедия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Таҳқиқи бунёдии ин забон ба қалами эроншиноси маъруф Д. И. Эделман тааллуқ дорад, ки соли 1966 дар Маскав монографияи ''«Забони язғуломӣ»''-ро ба табъ расонидааст.<ref name="fn932">Эдельман Д. И. Язгулямский язык. --- М.: Наука, 1966.</ref> Пас аз муҳоҷирати соли 1954 бахше аз язғуломизабонон дар ноҳияи Куйбишеви водии Вахш низ сокин шуданд ва забони язғуломӣ то кунун дар он ҷо низ ба кор меравад.<ref name="fn592" />
Дар ''«Атласи забонҳои дар хатар қарордоштаи ҷаҳон»''-и ЮНЕСКО (таҳти таҳрири Кристофер Мозли, соли 2010), забони язғуломӣ ба зумраи забонҳои осебпазир (Vulnerable) дохил гардидааст.<ref name="fn942">Moseley Chr. (ed.) Atlas of the World\\\'s Languages in Danger. --- 3rd ed. --- Paris: UNESCO Publishing, 2010.</ref> Тибқи ҳамин Атлас, аз 15 забони дар хатар қарордоштаи Осиёи Марказӣ, 11-тояш дар Тоҷикистон, бештараш дар ҳудуди ВМКБ, роиҷ аст.<ref name="fn952">UNESCO publishes atlas of the world\\\'s languages in danger (англ.) // Тоҷикистон Ньюз Азия-Плюс, 29 июни 2017. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Пажӯҳиши ҷомеашиносии забонии Д. Пол, Э. Аббесс, К. Мюллер, К. Тиссен ва Г. Тиссен нишон медиҳад, ки муносибати сокинони водии Язғулом ба ҳарду забон – язғуломӣ ва тоҷикӣ – мусбат аст: забони модарӣ дар зиндагии рӯзмарра пурқувват боқӣ монда, ҳеҷ нишонае аз ҷойивазкунии он бо забони тоҷикӣ мушоҳида намешавад, ҳарчанд забони тоҷикиро низ дар баъзе ҳавзаҳо муфид медонанд.<ref name="fn962">Paul D., Abbess E., Müller K., Tiessen C., Tiessen G. Language Access and Tajik Language Proficiency among the Yazghulami of Tajikistan. --- SIL International, 2010.</ref> Дар пойгоҳи байналмилалии таснифи забонҳо ''«Глоттолог»'' забони куҳани ванҷӣ бо рамзи ''«oldw1238»'' ва забони язғуломӣ бо рамзи ''«yazg1240»'' сабт шудаанд.<ref name="fn972">Glottolog 5.0, коди ''«oldw1238»'' (забони куҳани ванҷӣ) ва ''«yazg1240»'' (забони язғуломӣ).</ref>
== Бахшбандӣ ==
Бар асоси Қонуни тақсимоти маъмурию ҳудудии кишвар, ноҳияи Ванҷ аз 1 шаҳрак (Ванҷ) ва 6 ҷамоат иборат аст:<ref name="fn982">Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. --- Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013. --- 332 с.</ref>
{| class="wikitable"
|+Ҷадвали 5. Ҷамоатҳои ноҳияи Ванҷ
!Ҷамоат
!Аҳолӣ (нафар)
!Деҳаҳо
|-
|ба номи Маҳмадулло Абдуллоев
|10 983
|Бичхарв, Бодалд, Ускроғ, Роғ, Дашти Роғ, Панҷшанбеобод, Убари Даргов, Рохарв, Гушхун, Ғумаяк, Бовуд, Одешт, Ҷангали Зуго
|-
|Водхуд
|2178
|Пшихарв, Даштак, Лугад, Бунига, Узбай, Лахш, Баравн, Баравни Таг, Баравни Тор, Ваҳдат, Вравз
|-
|Ҷовидон
|4201
|Бунай, Рав, Жовуд, Потов, Арнавад, Убго
|-
|Рованд
|5573
|Ширговад, Ғиҷоваст, Мудеҳарв, Вишхарвак, Старғ, Ғӯмас, Мурғутга, Рованд, Гармчашма, Ван-Ван, Сунгад, Поймазор
|-
|Техарв
|3401
|Гич, Садвадг, Сед, Шаврӯ, Техарв, Чихох, Удоб, Равгада
|-
|Язғулом
|6065
|Мотравн, Вишхарв, Будун, Шавуд, Андарбоғ, Жамаг
|}
Дар санадҳои расмии солҳои охир ҷамоати марказии ноҳия бо номи ''«деҳоти Маҳмадулло Абдуллоев»'' зикр мегардад.<ref name="fn410" />
Барои муқоиса, тибқи гузориши капитан Кузнецов, дар соли 1892 бекигарии Дарвоз (ки Ванҷ ҷузъи он буд) ба 11 амлокдорӣ тақсим мешуд:
''«Въ административномъ отношеніи Дарвозское бекство дѣлится на 11 амилякдарствъ: Чиль-Даринское, Тавиль-Даринское, Сагри-Даштское, Кала-и-Хумбское, Шикайское, Куфское, Хагонское, Май-Майское, Джумарчское, Ванчское, Вахія-болё и два особыхъ отдѣла–Язгулемскій и Тангъ-Шивскій.»''
Тарҷума: ''«Аз ҷиҳати маъмурӣ, бекигарии Дарвоз ба 11 амлокдорӣ тақсим мешавад: Чилдарин, Тавилдарин, Сағридашт, Қалъаи Хумб, Шикай, Куф, Ҳагон, Маймай, Ҷумъарҷ, Ванҷ, Ваҳиёи Боло ва ду шӯъбаи алоҳида — Язғулом ва Тангшив»''.<ref name="fn992">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 68.</ref>
Аз ин тақсимот бармеояд, ки Ванҷ дар соли 1892 аллакай ҳамчун амлокдории алоҳида, ва Язғулом ҳамчун шӯъбаи (отдели) ниммустақилу ба таври алоҳида идорашаванда фарқ карда мешуданд — падидае, ки то андозае бо бахшбандии имрӯзаи ноҳия, ки дар он Язғулом ҷамоати алоҳида аст, монандӣ дорад.
Тақрибан ҳаштод сол пас аз гузориши Кузнецов, забоншинос Д. И. Эделман, бар пояи маводи саҳроии худ ва пажӯҳиши А. З. Розенфелд, рӯйхати муфассали кишлоқҳои Ванҷро чунин овардааст:
''«Население Ванджа ныне говорит по-таджикски, хотя сравнительно недавно здесь еще бытовал ванджский язык, принадлежавший к памирской группе языков. Названия кишлаков по течению Пянджа: Даштак, Узбай, Лахш, Варавз, Лангарак, Бараун, Водхуд; по Ванджу: Бич-харвак, Рог, Лангар, Гишхун, Рохарв (официально Ванч), Гумаяк, Одешт, Бунай, Потоу, Жовид, Чихох, Сед, Техарв, Гуджовас, Ширговат, Доршир, Гумаст, Сетарг, Рованд, Мургытга, Сунгад, Ван-Ван, Поймазор.»''
Тарҷума: ''«Аҳолии Ванҷ имрӯз бо забони тоҷикӣ гуфтугӯ мекунад, ҳарчанд то ба ҳамин наздикӣ дар ин ҷо забони ванҷӣ, ки ба гурӯҳи забонҳои помирӣ тааллуқ дошт, ҳанӯз роиҷ буд. Номҳои кишлоқҳо дар масири Панҷ: Даштак, Узбой, Лахш, Вароваз, Лангарак, Бараун, Водхуд; дар масири Ванҷ: Бичхарвак, Рог, Лангар, Гишхун, Рохарв (расман Ванч), Гумаяк, Одешт, Бунай, Потов, Жовид, Чихох, Сед, Техарв, Гуҷовас, Ширговат, Доршир, Гумаст, Сетарғ, Рованд, Мурғытга, Сунгад, Ван-Ван, Поймазор.»''.<ref name="fn153">Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 50.</ref>
== Хоҷагидорӣ ==
Соҳаҳои асосии хоҷагидории ноҳия ғаллакорӣ, чорводорӣ, боғдорӣ ва сабзавоткорист; дар замони шӯравӣ тамокукорӣ низ соҳаи асосӣ буд. Соли 1939 дар тамоми ВМКБ 123 колхоз мавҷуд буд, аз ҷумла дар Ванҷ 30 колхоз таъсис дода буданд.
Водии Водхуд аз қадим бо ҳосилхезии замин ва фаровонии тути худ ном баровардааст: захираи ғалла ва меваи хушки ин мавзеъ (тут, зардолу, себ) на танҳо сокинони маҳаллӣ, балки деҳоти камзамини ҳамсояро низ аз танқисӣ мераҳонд ва ибораи мардумии ''«тути Водхуд пухт, имсол ҳам ҷон ба саломат бурдем»'' аз ҳамин воқеият бармеояд.<ref name="fn210" />
Дар ноҳия 53 хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд аст. Майдони умумии заминҳои хоҷагӣ 14 417 гектар аст, аз ҷумла заминҳои корам – 1381 гектар (2012), чарогоҳҳо – 1219 гектар, боғҳо – 734 гектар. Тибқи омори соли 2012 дар ноҳияи Ванҷ 2478 тонна ғалла, 1924 тонна гӯшт, 1 млн дона тухм, 3742 тонна шир, 157 тонна чормағз, 6353 тонна сабзавот ва 11 295 тонна картошка ба даст омад. Бар асоси омори соли 2011, шумораи чорво дар хоҷагиҳо чунин буд: гов – 15 234 сар, гӯсфанду буз – 32 498 сар.
Дар давоми даҳсолаи охир сохтори хоҷагидории ноҳия ба таври куллӣ дигаргун шуд: ба ҷои 53 хоҷагии деҳқонии соли 2012, имрӯз 14 ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ 120 хоҷагии инфиродиро бо фарогирии 3217 саҳмдор муттаҳид месозад.<ref name="fn1002">Ванҷ. Рушди соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Майдони умумии заминҳои корам ба 2601 гектар расидааст, ки аз он бештар аз 1080 гектарро боғҳои мевадиҳанда ташкил медиҳанд; танҳо дар бист соли охир 282 гектар замини нав аз худ карда шудааст.<ref name="fn1012">Дар ноҳияи Ванҷ соҳаи боғпарварӣ рушд меёбад // АМИТ ''«Ховар»'', 18 ноябри 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Тибқи таҳлилҳои муқоисавӣ, дар зарфи се даҳсолаи охир истеҳсоли ғалладонагиҳо тақрибан 6 баробар, картошка 8 баробар, сабзавот 16 баробар ва мева 42 баробар афзудааст.<ref name="fn1022">Ванҷ. Ҷашни истиқлол мондагор хоҳад буд // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Танҳо то охири моҳи октябри соли 2025 аз боғоти ноҳия 2205 тонна меваи тару тозаву хушк ба бозорҳои хориҷӣ ва шаҳрҳои калони ҷумҳурӣ содирот гардид,<ref name="fn1012" /> ва моҳи августи соли 2023 кишоварзони ноҳия дар ярмаркаи Боғи ''«Куруши Кабир»''-и Душанбе зиёда аз 13 тонна маҳсулоти тару тоза ба сокинони пойтахт пешниҳод карданд.<ref name="fn1032">Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби кишоварзони ноҳияи Ванҷ // АМИТ ''«Ховар»'', августи 2023. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Аз соли 2009, вақте ки дар ноҳия аввалин ду гармхонаи намунавӣ ба кор дароварда шуданд,<ref name="fn1042">Дар Ванҷ гармхонаҳо ба кор даромаданд // АМИТ ''«Ховар»'', августи 2009. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> технологияи гармхонагӣ дар қисматҳои поёнии ноҳия паҳн шудааст. Дар давраи охир, дар ҳамкорӣ бо мутахассисони минтақаи илмӣ-таҷрибавии ''«Ҷангали Зуго»''-и Институти биологии Помир, соҳибкор Ҳайдар Фаёзов аз деҳаи Гишхун дар ноҳия парвариши озмоишии лимӯ ва дигар меваҳои ситрусиро оғоз кард – навъе, ки то ҳол дар ВМКБ танҳо хоси баъзе минтақаҳои ноҳияи Дарвоз буд.<ref name="fn1052">Ванҷ. Авлавият ба рушди лимӯпарварӣ // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Чорводорӣ ва занбӯриасалпарварӣ ===
Дар муқоиса бо давраи пеш аз истиқлол, дар ноҳия саршумори чорвои калону майда дар маҷмуъ 2 баробар, истеҳсоли гӯшт 4 баробар ва истеҳсоли тухм 31 баробар афзудааст.<ref name="fn1022" /> Тибқи омори соли 2023, саршумори чорвои калони шохдор ба 17 135 сар (нисбат ба 15 234 сар дар соли 2011) ва моли майда (гӯсфанду буз) ба 41 000 сар (нисбат ба 32 498 сар) расидааст; ҳамчунин дар хоҷагиҳои ноҳия 41 350 сари парранда ва 1082 оилаи занбӯри асал ба қайд гирифта шудааст.<ref name="fn1022" /><ref name="fn1002" /> Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди занбӯриасалпарвариро яке аз воситаҳои пасткунандаи камбизоатӣ ва таъминкунандаи шуғли деҳот муайян кардааст.
Сарватҳои зеризаминии ноҳия: пахтасанги кӯҳӣ (асбест), молибден, мармар ва ғайра; инчунин конҳои никел, оҳансанг ва оҳак мавҷуданд.
=== Муҳоҷирати меҳнатӣ ===
Мисли аксари минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон, иқтисодиёти хонаводаҳои Ванҷ ба таври назаррас аз муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳаволапулиҳо вобаста аст. Тибқи арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ аз моҳи ноябри соли 2025, ҳаволапулиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ беш аз 30 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд ва, гарчанде вобастагӣ ба ин маблағҳо сатҳи камбизоатиро коҳиш додааст, нобаробарии даромад (нишондиҳандаи Гини) аз 32 то 38 дар байни солҳои 2021 ва 2023 афзудааст; ВМКБ дар қатори минтақаҳое зикр шудааст, ки бо маҳдудиятҳои шадиди ҷуғрофиву иқлимӣ рӯбарӯянд.<ref name="fn1062">Tajikistan Poverty and Equity Assessment (англ.) // Бонки Ҷаҳонӣ, ноябри 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Пажӯҳиши умумимиллии соҳаи тандурустӣ доир ба муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон нишон додааст, ки дар байни панҷ минтақаи кишвар (Душанбе, ВМКБ, Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ), ҳиссаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар аҳолии ВМКБ (49,59 фоиз аз намунаи пажӯҳишӣ) назар ба дигар минтақаҳо (камтар аз 32 фоиз) хеле баландтар будааст.<ref name="fn1072">Inclusion of Labor Migrants as a Potential Key Population for HIV: A Nationwide Study from Tajikistan (англ.) // PMC/NCBI. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар маҷмуи умумимиллӣ, беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон ҳарсола барои кор ба Русия мераванд; ҳаволапулиҳо дар соли 2013 қариб нисфи маҷмуи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медоданд, ки то соли 2018 ба тақрибан 30 фоиз (2,2 миллиард доллари ИМА) коҳиш ёфт.<ref name="fn1082">Dependent on Remittances, Tajikistan\\\'s Long-Term Prospects for Economic Growth and Poverty Reduction Remain Dim (англ.) // Migration Policy Institute. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Саноат ===
Дар ноҳия корхонаҳои хурди саноатӣ – сехи чӯҷабарорӣ, заводи хишти ''«Лугад»'', ҶДММ ''«Хрустал»'' – фаъолият доранд. Дар Ванҷ бозорҳои марказӣ ва марзӣ низ амал мекунанд.
25 июни соли 2025 дар ноҳия корхонаи истеҳсоли калсит, коркарди мармар ва сангҳои ороишии ҶСК ''«Мармар Стоун»'' ба кор шурӯъ кард, ки иқтидори солонаи он 40 ҳазор тонна маҳсулот буда, 40 сокини маҳаллиро бо ҷои кори доимӣ таъмин намудааст. Корхона чор хатти истеҳсолӣ дорад ва дар он беш аз 20 навъи санги табиӣ коркард мешавад; иқтидори истеҳсоли тахтасангҳои ороишӣ (мозаика) 10 ҳазор м³ ва коркарди санги мармар 160 ҳазор м³ дар як солро ташкил медиҳад.<ref name="fn1092">Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ аз Ванҷ оғоз шуд. Президент дар ин ноҳия кадом иншоотро ба истифода дод? // Asia-Plus, 25 июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn1102">Ифтитоҳи корхонаҳои истеҳсоли калсит, коркарди мармар ва сангҳои ороишии ҶСК ''«Мармар Стоун»'' дар ноҳияи Ванҷ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
Дар ҳамон рӯз Парки саноатии ноҳия мавриди истифода қарор гирифт, ки дар масоҳати 788 м² ҷойгир буда, 6 корхонаи хурди истеҳсолиро фаро мегирад: истеҳсоли макарон, бандубасти маҳсулоти лӯбиёгӣ, коркарди равғани чормағз, коркард ва бандубасти меваи хушк, истеҳсоли собун ва дару тирезаҳои пластикӣ. Фаъолияти парк дар маҷмуъ 36 сокини маҳаллиро бо кор таъмин мекунад.<ref name="fn1092" /><ref name="fn1112">Ифтитоҳи Парки саноатии ноҳияи Ванҷ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
Дар доираи ҳамин парк, инчунин корхонаи коркарди равғани ангат (Hippophae rhamnoides) – растании шифобахши худрӯй, ки дар қад-қади дарёҳои ноҳия фаровон мерӯяд – ба кор шурӯъ кардааст; иқтидори он то 500 килограмм равғани холис дар як сол буда, аз ин ашё то 12 навъи маҳсулоти фармасевтию косметологӣ омода карда мешавад.<ref name="fn1122">Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ // Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ, июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Пеш аз таъсиси ин корхона, дар деҳаи Ғуҷоваст соҳибкорзан Васила Ғафурова коргоҳи хурди коркарди ангатро таъсис дода буд, ки маводи он берун аз ноҳия низ харидор пайдо кардааст.<ref name="fn1092" /> Барои дастгирии соҳибкории хурду миёна дар солҳои 2018-2019 ба соҳибкорони ноҳия зиёда аз 6,5 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шудааст.<ref name="fn1132">Сафарҳои дохилӣ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Энергетика ===
Дар Ванҷ чандин неругоҳи хурди барқи обӣ (НБО) фаъолият мекунад. Аз ҷумла, НБО-и ''«Техарв»'' дар дарёи Ванҷ бо иқтидори 400 кВт таҷдид гардида, ба шабакаи ягонаи барқи кишвар пайваст карда шудааст; НБО-и ''«Андарбак»'' дар водии Язғулом ба шабакаи ширкати ''«Помир Энерҷӣ»'' пайваст аст.<ref name="fn1142">Реконструкция МГЭС Техарв на реке Ванч мощностью 400 кВт в Ванчском районе Горно-Бадахшанской автономной области (рус.) // CAWater-Info. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Таҳлилҳои соли 2021 нишон дода буданд, ки шабакаҳои барқии ноҳия ҳамагӣ 2,6 мегаватт барқ истеҳсол мекунанд, дар ҳоле ки барои фаъолияти пуриқтидори корхонаҳои нави саноати кӯҳӣ (ба мисли ''«Мармар Стоун»'') беш аз 5,6 мегаватт лозим буд.<ref name="fn1152">Имсол дар Ванҷ дар 15 гектар боғи нав бунёд карда шуд // АМИТ ''«Ховар»'', июли 2021. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Моҳи июни соли 2025 хатти интиқоли барқи дузанҷираи 35 ва 110-киловолтаи Хоруғ-Рӯшон бо дарозии 67,5 км ва зеристгоҳи ''«Ҷангал»'' ба маблағи умумии 114 миллион сомонӣ ба истифода дода шуд, ки интиқоли муназзами неруи барқро ба ноҳияҳои Рӯшон, Ванҷ ва Дарвоз ба маротиб беҳтар мегардонад; ҳамзамон сохтмони хатти 42-километраи интиқоли барқи 110-киловолта аз маркази ноҳияи Рӯшон то зеристгоҳи ''«Вознавд»'' оғоз ёфт, ки ба истифода додани он дар нимсолаи аввали соли 2026 пешбинӣ шудааст.<ref name="fn1162">Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон // АМИТ ''«Ховар»'', июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Нақлиёт ===
Нақлиёти ноҳия асосан автомобилист; як фурудгоҳи хурд ҳам дар шаҳраки Ванҷ (Рохарв) вуҷуд дорад. Қаламрави ғарбии ноҳия дар масири шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Мурғоб-Қулма қарор дорад; лоиҳаи таъмиру таҷдиди қитъаи ин шоҳроҳ аз Қалъаихумб то Ванҷ ва сарҳади ноҳияи Рӯшон арзиши умумии 2,5 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки то имрӯз корҳо ба маблағи 900 миллион сомонӣ анҷом ёфтаанд.<ref name="fn1172">Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ванҷ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> 25 июни соли 2025 роҳи мошингарди маркази ноҳия то нуқтаи пайвастшавӣ ба ин шоҳроҳ, иборат аз ду хатти ҳаракат бо дарозии умумии 16 км, пас аз таҷдид ба истифода дода шуд; дар дарозои роҳ истгоҳҳои нақлиётӣ ва гузаргоҳҳо барои пиёдагардон бунёд гардидаанд.<ref name="fn1092" /><ref name="fn1182">Ифтитоҳи роҳи маркази ноҳияи Ванҷ то нуқтаи пайвастшавӣ ба шоҳроҳи Душанбе--Кулма // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
23 июни соли 2025 ширкати ҳавопаймоии ''«Тоҷик Эйр»'' пас аз ёздаҳ соли танаффус (парвози охирин соли 2014 сурат гирифта буд) хатсайри ҳавоии Душанбе-Ванҷ-Душанберо аз нав кушод: парвози нахустин бо 15 мусофир анҷом ёфт. Парвоз дар ин масир 50 дақиқа тӯл кашида, тибқи ҷадвал ҳафтае як маротиба, рӯзҳои ҷумъа, бо ҳавопаймои Ан-28 иҷро мешавад ва нархи чипта дар як самт 750 сомонӣ муайян гардидааст.<ref name="fn1192">Оғози парвози ҳавопаймоӣ миёни Душанбе ва Ванҷ. Аввалин парвоз кай ва нархи чипта чанд аст? // Asia-Plus, июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn1202">Пас аз 11 сол. Аввалин парвози ҳавопаймо дар масири Душанбе-Ванҷ-Душанбе анҷом ёфт // Asia-Plus, 23 июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар доираи татбиқи ''«Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»'' (қабулшуда 28 июни соли 2024), 24 феврали соли 2026 дар шафати роҳҳои мошингарди ноҳияи Ванҷ беш аз 2000 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва сояафкану мевадиҳанда шинонида шуд.<ref name="fn1212">ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳҳои мошингарди Ванҷ беш аз 2000 бех ниҳол шинонида шуд // АМИТ ''«Ховар»'', 24 феврали 2026. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Фарҳангу маориф ==
Пеш аз инқилоб аҳолии маҳаллии Ванҷ дар масҷидҳо ва хонаҳои муллоён хатту савод меомӯхтанд ва на ҳама ақшори мардум фурсат ва имкони саводомӯзӣ доштанд. Аз ин рӯ нисбати саводнокӣ дар миёни онҳо хеле паст буд ва ба сахтӣ метавонист ба 3-10 % бирасад. Саводомӯзии саросарии аҳолиро ҳукумати шӯравӣ ба роҳ монд.
Соли 1926 нахустин мактаб дар минтақа фаъолияти худро оғоз намуд: дар он танҳо 1 муаллим – Одил Боқиев (аз деҳаи Чихох) кор мекард ва 25 талаба дар он ҷо дарс меомӯхтанд. Соли 1930 шумораи муаллимон ба 7 нафар расид. Дар авохири даҳаи 30-юми асри XX тақрибан дар ҳамаи маҳалҳои сераҳолии деҳшӯроҳои Ванҷ мактабҳои ибтидоӣ таъсис ёфтанд, ки бештари бачагону наврасон дар онҳо таҳсил мекарданд.
Тобистони соли 1941 (дар арафаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ) дастгоҳи кинонамоишдиҳӣ дар Ванҷ сохта, ба марҳалаи истифода расид. Соли 1941 дар вилоят 41 китобхона вуҷуд дошт, аз ҷумла китобхонаи ноҳиявӣ дар маркази Ванҷ ва 12 чойхонаи сурх. Дар аввали моҳи апрели соли 1930 дар яке аз деҳаҳои баландкӯҳи водии Ванҷ – Рованд нахустин маҷлиси ҷавонон баргузор шуд.
Дар соли таҳсилии 2011-2012 дар ноҳияи Ванҷ 50 мактаб, аз ҷумла 23 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 4 мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, 13 мактаби ибтидоӣ, мактаб-интернат ва муассисаи томактабӣ вуҷуд дошт. Дар ҳамин сол дар мактабҳои ноҳия 7437 талаба таҳсил мекард, ки ба онҳо 928 муаллими соҳибмаълумоти олӣ дарс медоданд.
25 июни соли 2025 дар деҳаҳои Мотравн, Будун, Вишхарв, Жамаг, Бунай, Техарв ва Ғиҷовасти ноҳия 7 кӯдакистони нав ифтитоҳ гардид: чор кӯдакистон аз ҳисоби буҷети маҳаллии вилоят ва се кӯдакистони дигар аз ҳисоби сокинони деҳаҳо тариқи ҳашар сохта шудаанд. Ин муассисаҳо аз 20 синфхона иборат буда, барои 380 тарбиятгиранда пешбинӣ шудаанд ва дар онҳо 34 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.<ref name="fn1092" /><ref name="fn1222">Ифтитоҳи 7 кӯдакистон дар ноҳияи Ванҷ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
Дар Ванҷ 45 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 1 театр, 13 клуб, 2 автоклуб, 5 хонаи фарҳанг, 25 китобхона бо фонди 114 960 нусха китоб фаъолият мекунад. Рӯзномаи ноҳиявӣ бо номи ''«Ватан»'' нашр мешавад.
== Тиб ==
Аввалин иттилои тиббии сабтшуда дар бораи Ванҷ ба гузориши капитан Кузнецов (соли 1892) рост меояд, ки паҳншавии бемории зоб (гулбандварамӣ)-ро дар байни дигар бемориҳои маъмули Дарвоз махсус қайд кардааст:
''«Изъ другихъ болѣзней особенно развитыхъ въ Дарвозѣ, слѣдуетъ отмѣтить зобъ, главнымъ образомъ по рѣкѣ Ванчъ.»''
Тарҷума: ''«Аз дигар бемориҳое, ки дар Дарвоз хеле паҳн шудаанд, бояд зобро қайд кард, ки асосан дар канори дарёи Ванҷ вомехӯрад»''.<ref name="fn1232">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 51.</ref>
Соли 1939 дар Ванҷ маркази тиббӣ ва бемористоне барои 10 кат сохта шуда буд. Ин иттифоқ дар канори душвориҳои азиме ба вуҷуд омад: то оғози асри XX дар водӣ тибби илмӣ вуҷуд надошт ва сокинон танҳо ба гиёҳдармонӣ ва дуохонӣ такя мекарданд, ки боиси сатҳи баланди фавти модарону кӯдакон мегардид.<ref name="fn492" /> Тибқи як таҳқиқи диссертатсионӣ, гузариш ба тибби муосир бо муқовимати шадид ҳамроҳ буд: соли 1929 табиби рус Спажев, ки барои расонидани кумаки аввалияи тиббӣ ба Ванҷ фиристода шуда буд, аз ҷониби дастаҳои босмачӣ ба қатл расонида шуд – ҳодисае, ки соли 1931 бо қатли табиб Олхов дар ноҳияи ҳамҷавори Қалъаихумб такрор ёфт.<ref name="fn1242">Диссертатсия // Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ.</ref> Муҳоҷирати маҷбурии соли 1954-и сокинони водии Язғулом ба водии гарми Вахш низ оқибатҳои вазнини беҳдоштӣ – бемории оммавӣ ва фавти зиёди кӯдакон – ба бор овард, ки яке аз сабабҳои бозгашти тадриҷии як қисми муҳоҷирон ба зодгоҳашон гардид.<ref name="fn492" />
Ҳоло дар ноҳия як беморхонаи марказӣ (дар шаҳраки Рохарв, дорои 6 шуъбаи бистарикунонӣ), як беморхонаи минтақавӣ дар водии Язғулом, 22 бунгоҳи тиббӣ, маркази назорати беҳдоштӣ (санитарию эпидемиологӣ) ва 4 дорухона фаъолият доранд. Тибқи маълумоти соли 2023, ба ин шабака 57 310 нафар бемор муроҷиат кардааст – ба ҳисоби миёна беш аз 1,6 маротиба барои ҳар сокини ноҳия дар як сол.<ref name="fn1252">Ванҷ. Роҳандозии тадбирҳо дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар сохтори марказии шабака 47 духтури дорои маълумоти олӣ ва 193 корманди миёнаи тиббӣ кор мекунанд; рақами 369 нафар пизишки дорои маълумоти олӣ, ки дар маъхазҳои умумӣ оид ба ноҳия зикр мешавад, эҳтимол тамоми мутахассисони тиббии ҳудуди ноҳияро – аз ҷумла дорухонаҳо, СЭС ва муассисаҳои хусусиро – дар бар мегирад.<ref name="fn1252" />
Дар водии дурдасти Язғулом, ки пеш аз истиқлол мардум маҷбур буданд беморони вазнинро тавассути чорвои борбар ба масофаҳои дур интиқол диҳанд, имрӯз як дармонгоҳи минтақавӣ, ду маркази саломатӣ, се бунгоҳи тиббӣ дар деҳаҳои дурдаст ва як таваллудхонаи махсусгардонидашуда фаъолият доранд.<ref name="fn1252" /> Дар деҳаи Гармчашмаи ҷамоати Рованд, наздики лозури Ванҷях, як маркази саломатии муосир бо ҳамкории Вазорати тандурустӣ ва Хадамоти ҳифзи сиҳатии Бунёди Оғохон (Aga Khan Health Services) сохта шудааст.<ref name="fn1262">Ифтитоҳи маркази саломатӣ дар ноҳияи Ванҷ // АМИТ ''«Ховар»'', сентябри 2015. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар доираи барномаи миллии рушди инфрасохтори тиббӣ, соли 2025 сохтмони бинои нави Беморхонаи марказӣ барои 120 кат бо арзиши 114 миллион сомонӣ оғоз гардид.<ref name="fn1272">Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Ванҷ // Президенти Тоҷикистон, 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Барои ҳалли норасоии кадрҳо, тайи давраи соҳибистиқлолӣ 142 нафар хатмкунандаи ноҳияи Ванҷ дар муассисаҳои олии тиббии ҷумҳурӣ (пеш аз ҳама Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино) таҳсил кардаанд, ки аз ин шумора 40 нафар тавассути квотаи президентӣ буда, соли 2025 боз 22 нафари дигар ба ҳамин квота фаро гирифта шуданд.<ref name="fn1272" /> Барномаи ''«Корвони саломатӣ»''-и Вазорати тандурустӣ низ борҳо ба Ванҷ ташриф оварда, ба табибони маҳаллӣ таҷрибаандӯзӣ фароҳам овардааст.<ref name="fn1282">''«Корвони саломатӣ»''. Сокинони ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ бо хизматрасонии ройгони тиббӣ фаро гирифта шуданд // АМИТ ''«Ховар»'', майи 2022. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Бо сабаби баландкӯҳ будани минтақа, Ванҷ таърихан ба минтақаҳои паҳншавии бемории ҷоғвар (норасоии йод) мансуб буд; тибқи маълумоти таҳлилӣ, дар натиҷаи стратегияи миллии йодизатсияи намак сатҳи паҳншавии ин беморӣ дар давраи солҳои 2019-2023 то 72 фоиз коҳиш ёфтааст.<ref name="fn1292">Авҷи Зуҳал, № 2, 2025.</ref> Бо назардошти сатҳи баланди муҳоҷирати меҳнатии сокинони ноҳия, маркази маҳаллии мубориза бар зидди ВНМО (ВИЧ) корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни ҷавонон пайваста мегузаронад.<ref name="fn1252" /> Дар давраи пандемияи COVID-19 Беморхонаи марказии Ванҷ шуъбаи бемориҳои сироятиро ба реҷаи фавқулодда гузаронид, ва моҳи июни соли 2020 тибқи барномаи дастгирии Иттиҳоди Аврупо ба ин муассиса таҷҳизоти муҳофизати инфиродӣ (PPE) расонида шуд.<ref name="fn1302">EU timeframe for PPE distribution // Хадамоти амали берунии Иттиҳоди Аврупо (EEAS), июни 2020. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Беморхонаи марказӣ соли 2014 пурра ба низоми гармкунии барқӣ (аз ҳисоби неругоҳҳои хурди барқи обӣ) гузашт, ҳарчанд барои ҳолатҳои фавқулодда ҳарсола захираи эҳтиётии сӯзишворӣ нигоҳ дошта мешавад.<ref name="fn1312">Беморхонаи Ванҷ ба низоми гармкунии барқӣ гузашт // АМИТ ''«Ховар»'', январи 2014. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Тибқи санҷиши Агентии амнияти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳо (июли 2024), Беморхонаи марказии Ванҷ талаботи қонунгузории бехатарии радиатсиониро пурра риоя намуда, дараҷаи хатари фаъолияти он ''«паст»'' арзёбӣ шудааст.<ref name="fn1322">Феҳристи Агентии амнияти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ (cbrn.tj). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Варзиш ==
Ванҷ аз даврони қадим бо гуштигирони номвари худ шуҳратёр буд. Номи паҳлавонони ванҷӣ – Амонат, Сулаймон, Дилдор, Хушдил, Худоӣ, Ҳиммат, Ш. Дилов, Алифбек ва дигарон то кунун ба некӣ ёд мешавад ва қиссаҳои майдондориашон ҳанӯз вирди забони хосу ом аст. Соли 2024 гӯштини миллии тоҷикӣ (гӯштингирӣ) дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта шуда, мақоми расман байналмилалӣ касб кард; шумораи мусобиқаҳои ин намуди варзиш дар саросари ҷумҳурӣ аз 485 адад дар соли 2020 то тақрибан 4000 адад дар соли 2022 афзудааст.<ref name="fn1332">Гӯштини тоҷикӣ мақоми байналмилалӣ гирифт // Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Паҳлавони ванҷӣ Шакармамад Мирмамадов, ки дар якчанд намуди варзиш (ҷудо, кураш, гӯштингирӣ) рақобат мекунад, яке аз муваффақтарин варзишгарони вазни сангини Тоҷикистон дар даҳсолаи охир аст: соҳиби медали биринҷии Бозиҳои XVIII осиёии соли 2018 дар Ҷакарта (ҷудо, +100 кг),<ref name="fn1342">Бозиҳои XVIII осиёӣ: Шакармамад ҳам соҳиби медали биринҷӣ гардид // Радиои Озодӣ. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> медали тиллои Чемпионати 13-уми Осиё оид ба кураш дар Теҳрон (июни 2024)<ref name="fn1352">Шакармамад Мирмамадов қаҳрамони Осиё оид ба кураш // Варзиш ТВ. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> ва медали тиллои Нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ дар Душанбе (28-31 августи 2024, бо иштироки беш аз 200 варзишгар аз 63 давлат) гардид.<ref name="fn1362">Варзишгари тоҷик Шакармамад Мирмамадов дар нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ медали тилло ба даст овард // АМИТ ''«Ховар»'', августи 2024. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар мусобиқаҳои Наврӯзии байналмилалӣ дар Хоруғ (марти 2025) ва Рашт (апрели 2026) низ ғолиб омада, ҳарду бор соҳиби автомобил гардид.<ref name="fn1372">Шакармамад Мирмамадов барандаи Шоҳҷоизаи Мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ дар шаҳри Хоруғ гардид // АМИТ ''«Ховар»'', 26 марти 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn1382">Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд // АМИТ ''«Ховар»'', 15 апрели 2026. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
25 марти соли 2020 дар ҷамоати деҳоти Язғулом бахшида ба Наврӯз мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ баргузор гардид, ки дар он беш аз 300 нафар паҳлавон на танҳо аз Ванҷ, балки аз Душанбе, Бохтар, Кӯлобу Хоруғ ва ноҳияҳои Дарвозу Рӯшон иштирок карданд.<ref name="fn139" />
Дар ноҳия беш аз 40 иншооти варзишӣ мавҷуд аст. 25 июни соли 2025 дар деҳаи Убари Даргов толори варзишӣ бо масоҳати умумии 615 м², иборат аз толори асосӣ, толори тенниси рӯи миз ва ҳуҷраҳои ёрирасон, ба истифода дода шуд.<ref name="fn1092" /><ref name="fn140">Ифтитоҳи толори варзишӣ дар деҳаи Убари Даргови ноҳияи Ванҷ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref> Ҳамчунин, 15 ноябри соли 2025, дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар деҳаи Андарбоғи ҷамоати Язғулом толори варзишии замонавӣ, ки бо маблағи 480 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст, ба истифода дода шуд.<ref name="fn141">Бахшида ба Рӯзи Президент дар деҳаи Андарбаки ноҳияи Ванҷ толори муосири варзишӣ ба истифода дода шуд // АМИТ ''«Ховар»'', 15 ноябри 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Пеш аз ин, 11 сентябри соли 2018 бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамин ҷамоати Язғулом низ як толори варзишӣ ба истифода дода шуда буд.<ref name="fn142" />
Ба ғайр аз гӯштин, дар солҳои охир волейбол низ дар ноҳия рушд кардааст: дар мусобиқаи маҳаллӣ 7 дастаи волейболи ҷавонон иштирок доранд, ва дастаи ноҳияи Ванҷ дар Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявии волейбол дар ноҳияи Восеъ дар қатори дастаҳои пуриқтидоре чун ''«Регар ТадАЗ»'' ва дастаи шаҳри Душанбе иштирок карда, рақобати арзанда нишон додааст.<ref name="fn143">''«Регар ТадАЗ»'' дар мусобиқа оид ба волейбол дар ноҳияи Восеъ сазовори Шоҳҷоиза гардид // АМИТ ''«Ховар»'', июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар Бозиҳои осиёии соли 2018, ки самбо бори аввал ба барномаи он дохил шуда буд, Тоҷикистонро дар қатори дигарон ду варзишгари ҷавон – Ҷомии Ҳасанӣ ва Сомон Сангов – намояндагӣ карданд.<ref name="fn1342" />
== Шахсиятҳои маъруф ==
Мулло Муҳаммадёри Ванҷӣ (машҳур ба Мулло Ёр) – шоири маъруфи мардумии тоҷик, зодаи деҳаи Ғумаяки водии Ванҷ; мероси ӯ то имрӯз дар байни мардуми кӯҳистони тоҷик маҳбубият дорад.<ref name="fn210" />
Раҳим Масов (16 ноябри 1939, деҳаи Мудеҳарви ноҳияи Ванҷ – 21 июни 2018, Душанбе) – таърихшиноси барҷастаи тоҷик, доктори илмҳои таърих, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон; солҳои 1988-2015 директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш.<ref name="fn144">Академик Рахим Масов: жизнь, посвящённая отстаиванию национальных интересов Таджикистана (рус.) // НИАТ ''«Ховар»'', 16 ноябри 2022. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn145">Сегодня в Душанбе скончался академик Рахим Масов (рус.) // Азия-Плюс, 21 июни 2018. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Ҳайдаршо Пирумшоев (таваллуд 30 декабри 1944, ноҳияи Ванҷ) – таърихшинос, доктори илмҳои таърих, профессор; муаллифи асарҳои ''«Ванҷ»'' (М., 2004), ''«Ванҷи ману ганҷи ман»'' (Душанбе, 2013) ва таҳқиқоти сершумор оид ба таърихи Бадахшону Помир.<ref name="fn146">Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо... 30 декабри соли 2025 // Asia-Plus. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Қодири Қосим (таваллуд 9 апрели 1961, ноҳияи Ванҷ) – ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон.<ref name="fn147">Председатель Федерации независимых профсоюзов Таджикистана Кодири Косим выдвинут кандидатом в депутаты Маджлиси намояндагон (рус.) // НИАТ ''«Ховар»'', январи 2020. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Мурувватшо Бачабеков (1 майи 1944 – 9 сентябри 2023, деҳаи Баравни ҷамоати Водхуд) – устоди варзиши гӯштингирӣ, ки ӯро бунёдгузори мактаби муосири гӯштини Ванҷ медонанд; солҳои 1972-1994 устоди кафедраи тарбияи ҷисмонии Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) буд.<ref name="fn148">Устоди паҳлавонони Ванҷ Мурувватшо Бачабеков аз дунё рафт // Бомдод, 12 сентябри 2023. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Маҳмадшариф Сулаймонов (зодаи деҳаи Рованд) – устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ дар гӯштини миллӣ, ки зиёда аз панҷоҳ сол дар майдони паҳлавонӣ фаъолият дорад.<ref name="fn149">Суфраи паҳлавонӣ // Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Ҳукумат ==
Сарвари ноҳияи Ванҷ Раиси ноҳия аст, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мегардад.<ref name="fn310" /> Ниҳоди намояндагии ноҳия – Маҷлиси вакилони халқ мебошад, ки аз тарафи мардуми ноҳия ба муддати 5 сол интихоб мешавад. Маълумоти расмӣ дар бораи ноҳия дар сомонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (badakhshon.tj) ҷой дода шудааст.<ref name="fn310" />
Раисони ноҳия дар тӯли фаъолияти маъмурии он борҳо иваз шудаанд; барои мисол, 17 ноябри соли 2021 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷабори Қосим аз мансаби раиси ноҳияи Ванҷ озод карда шуда, ба ҷои ӯ Мардзода Одинашо Миршаб ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия таъин гардид.<ref name="fn150">Раисони Ванҷу Роштқалъа барканор шуданд: раҳбарони нав киянд? // Sputnik Тоҷикистон, 17 ноябри 2021. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Эзоҳ ==
{{Reflist|30em}}
== Манобеъ ==
* Андреев М. С. Выработка железа в долине Ванча (верховья Аму-Дарьи). – Ташкент, 1926.
* Бубнова М. А. Горно-Бадахшанская автономная область. Западный Памир (памятники каменного века – XX в.). – Душанбе, 2008. – (Археологическая карта Таджикистана).
* Бурхан-уд-Дин-хан Кушкеки. Путеводитель по Каттагану и Бадахшану. – Ташкент, 1926.
* Гулшанӣ. Таърихи ҳумоюн. – Душанбе, 2006.
* Искандаров Б. И. Восточная Бухара и Памир во второй половине XIX в. Ч. 1-2. – Душанбе, 1962-1963.
* Камалиддинов Ш. С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX – начала XIII вв. – Ташкент, 1996.
* Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). – Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893.
* Лашкарбеков Б. Б. Старованджский язык (vanǰivor) // Основы иранского языкознания: Среднеиранские и новоиранские языки / под ред. В. А. Ефимова. – М.: Восточная литература, 2008. – С. 61-109.
* Масов Р. М. К истории Ванчской долины // Мероси ниёгон. – Душанбе, 1999. – № 4. – С. 20-30.
* Мушкетов Д. И. Рохаръ (Кала-и-Ванчъ). – Петроградъ: Типографія М. М. Стасюлевича, 1916. – (Отдѣльный оттискъ изъ тома LII (1916 г.) Извѣстій Императорскаго Русскаго Географическаго Общества № 876).
* Пирумшоев Ҳ. Ванҷ. – М., 2004.
* Пирумшоев Ҳ., Зафаров А. Ванҷи ману ганҷи ман (очерки таърихӣ). – Душанбе, 2013.
* Постников А. В. Схватка на «Крыше Мира»: политики, разведчики и географы в борьбе за Памир в XIX веке. – М.: Памятники исторической мысли, 2001. – ISBN 5-88451-100-0.
* Розенфельд А. З. Ванджские говоры таджикского языка / ЛГУ им. А. А. Жданова. – Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. – 151 с.
* Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. – М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903.
* Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. – Душанбе: СИЭМТ, 2013.
* Эдельман Д. И. Язгулямский язык. – М.: Наука, 1966.
* Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. – М.: Наука (ГРВЛ), 1975. – С. 41-62.
* Языки мира: Иранские языки. III. Восточноиранские языки. – М.: Индрик, 2000.
* Moseley Chr. (ed.) Atlas of the World's Languages in Danger. – 3rd ed. – Paris: UNESCO Publishing, 2010.
* Paul D., Abbess E., Müller K., Tiessen C., Tiessen G. Language Access and Tajik Language Proficiency among the Yazghulami of Tajikistan. – SIL International, 2010.
== Пайвандҳо ==
* [https://www.vanjiman.com/ Сомонаи vanjiman.com]
* [https://vanj.info/ Торнамои Ванҷ (vanj.info)]
* [http://badakhshon.tj/?page_id=11224 Саҳифаи ноҳияи Ванҷ дар сомонаи расмии ВМКБ]
* [[c:Category:Vanj_District|Парвандаҳо дар Викианбор (Vanj District)]]
{{тоҷикистон-ҷуғ-нопурра}}
{{Тақсимоти маъмурии ВМКБ}}
{{Ноҳияи_Ванҷ}}
[[Гурӯҳ:Ноҳияҳои Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]]
[[Гурӯҳ:Ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]]
[[Гурӯҳ:Ноҳияи Ванҷ]]
tjh4ar6cvo6zospzhlmpxvsfu1osuwj
1482020
1482019
2026-07-25T23:48:45Z
Firdavsi
3353
1482020
wikitext
text/x-wiki
{{ВМ
| Ранг1 = #A5D570
| Номи тоҷикӣ =
| Номи аслӣ = Ноҳияи Ванҷ
| Нишон =
| Парчам =
| Бари нишон =
| Бари парчам =
| Тавсифи нишон =
| Тавсифи парчам =
| Кишвар = [[Тоҷикистон]]
| lat_dir = N
| lat_deg = 38
| lat_min = 22
| lat_sec = 23
| lon_dir = E
| lon_deg = 71
| lon_min = 27
| lon_sec = 19
| region = TJ
| type = District
| Дараҷа =
| CoordScale =
| Суруди миллӣ =
| Мақом = Ноҳияи маъмурӣ
| Тобеъи = [[Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]]
| Шомили = 1 шаҳрак, 6 ҷамоат
| Пойтахт = [[Ванҷ (шаҳрак)|Ванҷ]]
| Шаҳри бузургтарин =
| Шаҳрҳои бузургтарин =
| Таъсис = [[29 май|29 маи]] [[1933]]
| Барҳамхӯрӣ =
| Номҳои пешина =
| Раис = Мардзода Одинашо Миршаб (аз 2022)<ref>{{Cite web|url=http://www.adlia.tj/show_doc.fwx?Rgn=143911|title=Указ Президента Республики Таджикистан от 1 декабря 2022 года №480 "О назначении Мардзода О.М. председателем Ванчского района Горно-Бадахшанской автономной области"|website=www.adlia.tj|accessdate=2023-01-04|archivedate=2024-12-09|archiveurl=https://web.archive.org/web/20241209162237/http://adlia.tj/show_doc.fwx?Rgn=143911}}</ref>
| Шакли роҳбарӣ = Раиси ноҳия
| Раис2 =
| Шакли роҳбарӣ2 =
| Раис3 =
| Шакли роҳбарӣ3 =
| ММД =
| Соли ММД =
| Ҷой аз рӯи ММД =
| ММД ба сари аҳолӣ =
| Ҷой аз рӯи ММД ба сари аҳолӣ =
| Забон =
| Забонҳо = [[Забони тоҷикӣ|тоҷикӣ]], [[Забонҳои бадахшонӣ]] — [[Забони язғуломӣ|язғуломӣ]]
| Аҳолӣ = 35 400
| Соли барӯйхатгирӣ = 2024
| Фоиз аз аҳолӣ = 4,8
| Ҷой аз рӯи аҳолӣ =
| Баҳодиҳии аҳолӣ =
| Соли баҳодиҳӣ =
| Зичӣ = 7,7
| Ҷой аз рӯи зичӣ =
| Ҳайати миллӣ = [[тоҷик]]он
| Ҳайати динӣ = [[мусулмон]], [[суннӣ]], мазҳаби [[ҳанафӣ]]
| Масоҳат = 4430,5
| Фоиз аз масоҳат =
| Ҷой аз рӯи масоҳат =
| Баландии бештарин = 7495
| Баландии миёна = 3000
| Баландии камтарин =
| Харита = Vanj District in Tajikistan.svg
| Андозаи харита =
| Харита2 =
| Минтақаи замонӣ = UTC+5
| Сарвожа = VA
| ISO = TJ.BK.VA
| Шиносаи ададӣ =
| Шакли шиноса =
| Шиносаи ададӣ2 =
| Шакли шиноса2 =
| Шиносаи ададӣ3 =
| Шакли шиноса3 =
| FIPS =
| Коди телефон = +992 3551
| Нишонаи почта = 736300
| Домени интернет = tj
| Коди мошинҳо = 04 TJ
| Вебгоҳ = [[www.vanjiman.com]]
| Гурӯҳ дар Commons = Vanj District
| Эзоҳ =
}}Ноҳияи Ванҷ (форсӣ: ناحیۀ ونج) – минтақаи таърихӣ ва яке аз ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, воқеъ дар шимолу ғарби вилоят, дар шарқи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Масоҳаташ 4430,5 км² буда, тибқи омори соли 2024 аҳолияш 35 400 нафарро ташкил медиҳад (зичии аҳолӣ тақрибан 8 нафар дар 1 км²). Ҳамчун воҳиди расмии маъмурию ҳудудӣ 29 майи 1933 таъсис ёфтааст.<ref name="fn139">Ванджский район (рус.) // Словари и энциклопедии на Академике (нусхаи мақолаи Википедиаи русӣ, 2010). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Маркази ноҳия шаҳраки Рохарв (форсӣ: راخرو) аст, ки расман шаҳраки Ванҷ ном дошта, дар харитаҳо низ чунин сабт мешавад, вале дар забони мардум то имрӯз бо номи бостонии худ – Рохарв ёд мегардад; шаҳрак 176 км шимолтар аз шаҳри Хоруғ, дар канораи резишгоҳи рӯди Рохарвоб ба Ванҷоб ҷой дорад.<ref name="fn139" /><ref name="fn210">Ванҷ. Маълумоти ҷуғрофӣ (порча аз китоби Ҳ. Пирумшоев ''«Ванҷи ман»'') // Торнамои Ванҷ (vanj.info). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn310">н. Ванҷ (www.vanj.tj) // Сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Тибқи анъанаи маҳаллӣ, тамоми рустоҳоеро, ки аз деҳаи Бунай болотар воқеъанд, ''«Ванҷи Боло»'' меноманд; водиҳои поёниро бошад, на ''«Ванҷи Поён»'', балки бо номҳои таърихии худашон – Язғулом, Водхуд ва Пшихарв – ёд мекунанд.<ref name="fn210" /> Дигар шӯроҳои русто, мисли Водхуд, Язғулом, Рованд ва Техарв, ки фарогири чандин деҳаанд, то кунун номҳои таърихии худро нигоҳ доштаанд. Шӯрои рустои Рохарв дар ҳоли ҳозир чун ҷамоати ба номи Маҳмадулло Абдуллоев<ref name="fn410">Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ толори варзиширо ифтитоҳ намуданд // АМИТ ''«Ховар»'', 25 июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> ва шӯрои рустои Жовид феълан дар шакли ҷамоати Ҷовидон номгузорӣ шудаанд.
Қабл аз вуруди Артиши Сурх ба Ванҷ ва истиқрори низоми шӯравӣ, маркази идории амлокдории Ванҷ дар шаҳраки Рохарв, дар ''«Қалъаи Ванҷ»'' ё ''«Қалъаи Рохарви Ванҷ»'' қарор дошт, ки ҳам қароргоҳи мири Ванҷ ва ҳам маҳалли будубоши гурӯҳаки маҳдуди сипоҳи манғитиён будааст.<ref name="fn510">Мушкетов Д. И. Рохарв (Кала-и Ванч) // Известия Русского географического общества. --- Т. 52. --- 1916.</ref>
Дарёҳои бузургтарини ноҳия – Ванҷоб, Язғулом) ва Панҷ) мебошанд. Ду соҳили дарёи Ванҷоб бо дарозии зиёда аз 100 км бахши умдаи ноҳияро ташкил медиҳад.
== Номшиносӣ ==
Дар сарчашмаҳои русӣ ва адабиёти даврони шӯравӣ номи ноҳия дар шаклҳои ''«Ванч»'' ва ''«Вандж»'' омадааст, ки гунаи русишудаи ҷойноми тоҷикии Ванҷ мебошад.<ref name="fn310" />
Дар боби решаи ин ном ақидаҳо мухталифанд. Донишманди тоҷик Гулшанӣ дар китобаш ''«Таърихи ҳумоюн»'', ки соли 1328 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 1910 милодӣ навиштааст, онро табдилёфтаи номи дарёи Панҷ шумурда, дар бораи диёри Ванҷ мегӯяд:
''«''Қасабаи Ванҷ ба тарафи шарқии Дарвоз, ба таҳти ақабаи Боми Дунё воқеъ аст ва дар он ҷониб манбаи дарёи Омӯя ва Ҷайҳун ва онро Чашмаи Панҷ мегӯянд, аз қуллаи шомихи кӯҳи Боми Дунё набаъон менамоянд. Аз андак масофат, панҷ чашма ба як ҷо ҷамъ мешавад ва ғарбан ҷараён менамояд ва онро чашмаи Панҷ мегӯянд ва он қасабаро Ванҷ меноманд, ки он муҳаррафи Панҷ аст. Оби аввали наҳри Ҷайҳун ҳамин аст''»''.<ref name="fn610">Гулшанӣ. Таърихи ҳумоюн. --- Душанбе, 2006. --- С. 157.</ref>
Тадқиқоти забоншиносии баъдина ин ривояти халқиро тасдиқ намекунад. Эроншиноси маъруф Д. И. Эделман дар пажӯҳиши бунёдии худ ''«Географические названия Памира»'' (''«Номҳои ҷуғрофии Помир»''), ки соли 1975 дар маҷмуаи ''«Страны и народы Востока»'' ба чоп расидааст, решаи вожаи ''«Ванҷ»''-ро мушаххасан шарҳ намедиҳад, балки онро номи аслии худи водӣ мешуморад, ки номи дарёи Ванҷов (Ванҷ + ''«об»'') низ аз он гирифта шудааст.<ref name="fn710">Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. --- М.: Наука (ГРВЛ), 1975. --- С. 41--62.</ref> Тибқи мушоҳидаи ӯ, ҳамсоягони язғуломизабони ин водӣ онро на ''«Ванҷ»'', балки ''«Вавз»'' меноманд, ки ин худ далели дигаре бар куҳансолии эҳтимолии ин ном аст.<ref name="fn710" /> Забони куҳани ванҷии аз байнрафта, ки сокинони маҳаллӣ то охири асри XIX бад-он сухан мегуфтанд, ''«ванҷивор» (vanǰivor)-аш'' меномиданд,<ref name="fn810">Лашкарбеков Б. Б. Старованджский язык (vanǰivor) // Основы иранского языкознания: Среднеиранские и новоиранские языки / под ред. В. А. Ефимова. --- М.: Восточная литература, 2008. --- С. 61--109.</ref> вале дар адабиёти дастрас пажӯҳише, ки решаи номи ''«Ванҷ»''-ро аз вожаҳои ҳамин забон ба даст оварда бошад, ёфт нашуд. Дар маҷмуъ, Эделман хулоса мебарорад, ки аксари номҳои ҷуғрофии Помири Ғарбию Ҷанубӣ бо ёрии забонҳои имрӯза шарҳнопазиранд, ки ин аз бостонӣ будани онҳо гувоҳӣ дода, эҳтимоли тааллуқи баъзеи онҳоро ба забонҳои куҳани пешин (субстратӣ) нишон медиҳад.<ref name="fn710" />
Худи Д. И. Эделман дар ҳамин мақола сабаби ин дугонагии номро возеҳтар шарҳ дода, чунин овардааст:
''«Иногда различные названия одного и того же пункта отражают различные исторические обстоятельства. Так, населенный пункт — административный центр Ванча имеет два названия. Первое — официальное, значащееся на картах — «Ванч» является редакцией старого названия находившейся здесь когда-то крепости, которая именовалась просто Кала (qala) 'крепость' или Кала-и Вандж 'Ванджская крепость'. Второе — название самого кишлака, которое до сих пор остается в обиходе у местного населения и жителей соседних долин — «Рохарв».»''
Тарҷума: ''«Баъзан номҳои мухталифи як маҳал вазъиятҳои гуногуни таърихиро инъикос менамоянд. Чунончи, маҳалли аҳолинишин — маркази маъмурии Ванҷ — ду ном дорад. Аввалин — номи расмӣ, ки дар харитаҳо зикр мешавад, — «Ванҷ» аст, ки таҳрирёфтаи номи қадимии қалъаест мебошад, ки замоне дар ин ҷо буд ва онро танҳо Қалъа (qala) ё Қалъаи Ванҷ меномиданд. Дуюмин — номи худи русто аст, ки то ҳанӯз дар гуфтугӯи мардуми маҳаллӣ ва сокинони водиҳои ҳамҷавор боқӣ мондааст — «Рохарв».»''.<ref name="fn151">Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 42.</ref>
Бино бар ин, то имрӯз дар илми забоншиносии эронӣ решашиносии қатъӣ ва ба таври васеъ пазируфташудаи вожаи ''«Ванҷ»'' пешниҳод нашудааст: ривояти Гулшанӣ дар боло намунаи анъанаи омиёна ва таърихии маҳаллист, на натиҷаи таҳлили илмии забонӣ. Коршиносон, ин номро қадимӣ мешуморанд ва эҳтимол медиҳанд, ки он ба давраи пеш аз паҳншавии забони тоҷикӣ дар ин минтақа тааллуқ дошта бошад, бидуни он ки то ба ҳол решаи дақиқи онро муайян созанд.
Номи Ванҷ соли 2023 ба бузургтарин лозури Помир низ гузошта шуд: 31 июли соли 2023 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лозури Федченко расман Ванҷях номгузорӣ гардид.<ref name="fn910">Ледник Ванджях -- один из самых больших ледников Таджикистана и горных систем мира (рус.) // НИАТ ''«Ховар»'', 9 июни 2024. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn1010">СМИ: крупнейший на Памире ледник Федченко переименован в ''«Ванджях»'' (рус.) // Радиои Озодӣ, 20 августи 2023. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Ҷойгоҳ ==
Ноҳияи Ванҷ бо сарзамини 4430,5 км² дар миёни қаторкӯҳҳои Дарвоз ва Язғулом воқеъ аст. Дар шимол бо ноҳияи Сангвор (Тавилдараи пешин), дар шарқ бо ноҳияи Мурғоб, дар ҷануб бо ноҳияи Рӯшон, дар ғарб бо ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ва дар ҷанубу ғарб, аз тариқи рӯди Панҷ, бо ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшони Афғонистон ҳаммарз мебошад.<ref name="fn139" /> Марзи шарқии ноҳияро қаторкӯҳи Академияи илмҳо ташкил медиҳад.<ref name="fn1110">Republic of Tajikistan, map showing administrative division as of January 1, 2004, ''«Tojikkoinot»'' Cartographic Press, Dushanbe.</ref>
Аз шимолу шарқи ноҳия ба ҷанубу ғарби он рӯдҳои Ванҷ) ва Язғулом ҷорӣ мешаванд, ки ба рӯди Панҷ мерезанд. Сарзамини ноҳия ду водии нисбатан васеи Бадахшонро дар бар мегирад. Яке аз онҳо дараи рӯди Ванҷ аст, ки беш аз 150 км дарозо дорад ва аз лозурҳои Ҷамъияти ҷуғрофӣ, Хирсон ва Абдуқаҳҳор оғоз мегирад. Водии дигар дараи рӯди Язғулом аст, ки дар миёни қаторкӯҳҳои Язғулому Рӯшон ҷой гирифтааст. Ин ду водиро аз ҳамдигар қаторкӯҳи Ванҷ ҷудо мекунад.<ref name="fn1110" /> Баландии маҳал аз сатҳи дарё аз 1500 то 5000 метр мебошад.
Дар бораи сабаби номгузории қаторкӯҳҳои атрофи Ванҷ, Д. И. Эделман чунин таваҷҷуҳ медиҳад:
''«Названия хребтов в исконной топонимии не прослеживаются. Те наименования, которые мы видим сейчас на географических картах,— позднейшие. Они даны исследователями в основном по принципу смежности с той или иной долиной. Ванчский хребет отделяет Ванч от Язгулема, Язгулемский хребет — Язгулем от Рушана-Бартанга, Рушанский — долину Рушана от Гунта…»''
Тарҷума: ''«Номҳои қаторкӯҳҳо дар ҷойномҳоии аслӣ дида намешаванд. Номҳое, ки мо имрӯз дар харитаҳои ҷуғрофӣ мебинем, аз давраҳои баъдтаранд. Онҳоро муҳаққиқон асосан бар мабнои усули ҳамҷаворӣ бо ин ё он водӣ гузоштаанд. Қаторкӯҳи Ванҷ, Ванҷро аз Язғулом ҷудо мекунад, қаторкӯҳи Язғулом — Язғуломро аз Рӯшону Бартанг, қаторкӯҳи Рӯшон — водии Рӯшонро аз Ғунд…»''.<ref name="fn152">Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 47.</ref>
Дарёи Ванҷ (Ванҷоб) 103 км дарозӣ ва 2070 км² ҳавзаи обғундорӣ дорад. Он аз ҳамроҳшавии ду шохоб падид меояд: яке аз лозурҳои нишебии шимолии қаторкӯҳи Ванҷ сарчашма мегирад, дигаре бошад – аз нишебиҳои ғарбии қаторкӯҳи Академияи илмҳо. То резишгоҳи шохоби Кашолаях худи дарё номи Абдуқаҳҳорро дорад; танҳо пас аз ҳамроҳ шудан бо ин шохоб он ба номи Ванҷоб мубаддал мегардад. Сарфи миёнаи солонаи об дар резишгоҳи дарё 49,4 м³/с аст.<ref name="fn1210">Ванч (рус.) // Большая советская энциклопедия. --- 3-е изд. --- М.: Советская энциклопедия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дарёи Язғулом 80 км тӯл кашида, масоҳати ҳавзаи он 1970 км²-ро ташкил медиҳад; қисми болоии он то ҳамроҳшавии дарёи Ракзов Мазордара номида мешавад, сарфи миёнаи об дар поёноби дарё 36,2 м³/с буда, ғизои дарёҳои ноҳия асосан барфию лозурист ва сермобтарин моҳ июл аст.<ref name="fn139" />
Тавсифи муфассали гидрографии дарёи Ванҷро низ капитан Кузнецов ҳанӯз соли 1892 сабт кардааст. Ба гуфтаи ӯ, дарё аз ду шохоб — оби-Кашолаях (аз рост) ва оби-Абдуқаҳҳор (аз чап) — сарчашма мегирад, ки худ аз лозурҳои Куҳи-Лазурӣ об мегиранд, ва номи муосири шохоби ''«Абдуқаҳҳор»'', ки ҳанӯз дар гуфтаи боло зикр омада буд, маҳз бо ҳамин навиштаи асри XIX мутобиқат мекунад:
''«Рѣка оби-Ванчъ, берущая начало двумя рѣками: правой оби-Кашалъ-Аякъ и лѣвой оби-Абдукогоръ изъ ледниковъ Куи-Лазырь, течетъ въ юго-западномъ направленіи въ большинствѣ случаевъ разливаясь на много рукавовъ и образуя массу острововъ–тугаевъ.»''
Тарҷума: ''«Дарёи оби-Ванҷ, ки аз ду рӯд — рости оби-Кашолаях ва чапи оби-Абдуқаҳҳор — аз лозурҳои Куҳи-Лозурӣ сарчашма мегирад, дар самти ҷанубу ғарбӣ ҷараён дошта, дар аксари ҳолат ба бисёр шохобчаҳо тақсим мешавад ва анбӯҳи ҷазираҳо — тӯғайҳоро ба вуҷуд меорад»''.<ref name="fn142">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 32.</ref> Кузнецов инчунин баландии рустоҳои соҳили дарёи Ванҷро аз сатҳи баҳр чен кардааст: аз резишгоҳи он ба Панҷ (5110 қадам) то рустоҳои Рохарв (6250 қадам), Бунай (6590 қадам), Техарв (7260 қадам), Старғ (7670 қадам) ва Ванван (8020 қадам); ва дар бораи қаторкӯҳи байни Ванҷу Язғулом, ки имрӯз бо номи қаторкӯҳи Ванҷ маъруф аст, чунин навиштааст:
''«Горный хребетъ, расположенный между рѣками Ванчъ и Язгулемъ, носитъ названіе Ванчскаго. Восточная его часть покрыта вѣчными снѣгами и ледниками, западная – скалистая. Растительности на немъ нѣтъ никакой.»''
Тарҷума: ''«Қаторкӯҳе, ки миёни дарёҳои Ванҷу Язғулом воқеъ аст, номи Ванҷро дорад. Қисми шарқии он бо барфу лозурҳои ҷовидона пӯшида аст, қисми ғарбӣ бошад — сахраист; дар он ҳеҷ гуна рустание вуҷуд надорад»''.<ref name="fn152" />
Ванҷ дар соҳили яке аз шохобҳои бузурги рости дарёи Панҷ (болооби Ому), ки бо номи Ванҷоб маъруф аст, ҷой гирифтааст. Масофа аз маркази ноҳия то шаҳри Хоруғ 176 км ва то шаҳри Душанбе 387 км аст.
Тавсифи аввалини илмии ҷуғрофии қаторкӯҳҳои иҳотакунандаи водии Ванҷ ба шарқшиноси рус А. А. Семёнов тааллуқ дорад, ки соли 1898 дар доираи экспедитсияи расмии граф А. А. Бобринский аз ин минтақа дидан карда буд. Ӯ дар китоби худ навиштааст:
''«Часть Дарваза по правую сторону Пянджа (Сѣверный Дарвазъ) занимаетъ западный склонъ Памирскаго плоскогорья: этотъ край изрѣзываютъ глубокими долинами рѣкъ: Пянджа и его притоковъ справа: Оби-Хингоу, Ванджа и Язгулина. Водораздѣломъ этихъ рѣкъ служатъ два высокихъ хребта: Дарвазскій, между рр. Оби-Хингоу и Ванджемъ, и Ванджскій,–между долинами Ванджа и Язгулина... Въ верховьяхъ Ванджа всѣ упомянутыя горныя цѣпи сходятся въ одинъ узелъ и сливаются съ Памирами.»''
Тарҷума: ''«Қисми Дарвоз, ки дар канори рости Панҷ ҷойгир аст (Дарвози Шимолӣ), нишеби ғарбии баландсаҳрои Помирро фаро мегирад: ин канораро водиҳои амиқи дарёҳо буридаанд – Панҷ ва шохобҳои рости он: Оби-Хингов, Ванҷ ва Язғулом. Марзи обҷудокунии ин дарёҳоро ду қаторкӯҳи баланд ташкил медиҳанд: Дарвоз – миёни рӯдҳои Оби-Хингову Ванҷ, ва Ванҷ – миёни водиҳои Ванҷу Язғулом... Дар болооби Ванҷ ҳамаи ин қаторкӯҳҳои зикршуда ба як гиреҳ мепайванданд ва бо Помир мепайванданд»''.<ref name="fn162">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 6.</ref>
Дар ҳамин гиреҳи кӯҳӣ, ки қаторкӯҳҳои Ванҷу Дарвоз бо Помир мепайванданд, Семёнов ағбаи баландеро ба қайд гирифтааст, ки ба болооби Ванҷ мебарад: ''«Въ этомъ горномъ узлѣ лежить на высотѣ свыше 15 тыс. футовъ надъ уровнемъ моря перевалъ Сытаргй въ долину р. Вандж, или Ванча»'' – тарҷума: ''«Дар ҳамин гиреҳи кӯҳӣ, дар баландии зиёда аз 15 ҳазор фут аз сатҳи баҳр, ағбаи Сытаргӣ ба водии дарёи Вандж (Ванҷ) ҷойгир аст»''.<ref name="fn172">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 7.</ref>
=== Лозурҳо ва қуллаҳо ===
Болооби дараи Ванҷ, ки дар он ҷо рӯд номи Абдуқаҳҳор (Абдукагор)-ро дорад, аз калонтарин марказҳои лозурии Помир ба шумор меравад. Бузургтарин лозури ҳавзаи рӯди Ванҷ лозури Ҷамъияти ҷуғрофӣ мебошад, ки дар маҳалли пайвастшавии қаторкӯҳҳои Академияи илмҳо ва Дарвоз ҷой гирифта, дарозиаш 24,2 км ва масоҳаташ 64,4 км² аст. Ин лозур соли 1882 кашф гардида, соли 1928 ба шарафи Ҷамъияти ҷуғрофии Русия номгузорӣ шудааст.<ref name="fn182">Ледник Географического общества на Памире тает (рус.) // Сомонаи расмии Ҷамъияти ҷуғрофии Русия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар ҳавзаи Абдуқаҳҳор, дар нишебии ғарбии қаторкӯҳи Академияи илмҳо, лозури Хирс (дар адабиёти илмии русӣ – Медвежий) воқеъ аст, ки бо ҳаракатҳои даврии ногаҳонии худ (сёрҷ) дар ҷаҳон шуҳрат дорад. Дарозии лозури Хирс 15,8 км ва масоҳаташ 25,3 км² аст; ҳавзаи барфии он дар баландии беш аз 5500 м бо ҳавзаи лозури Ванҷях (Федченко) муштарак буда, забонаи борику дарози он бо яхшораи (ледопад) 900-метра аз ҳавзаи ғизогирии фирнӣ ба дараи чуқур, то баландии 2900 м, фуруд меояд.<ref name="fn192">Медвежий ледник // Словарь современных географических названий / Рус. геогр. о-во. Моск. центр; под общ. ред. акад. В. М. Котлякова. --- Екатеринбург: У-Фактория, 2006.</ref> Забонаи ин лозур дар зарфи чанд моҳ то 2 км ба поёни дара пеш рафта, маҷрои дарёи Абдуқаҳҳорро мебандад ва кӯли лозурӣ ба вуҷуд меоварад, ки шикофта шудани он ба обхезиҳои харобиовар дар водии Ванҷ оварда мерасонад. Чунин ҳаракатҳо дар солҳои 1916, 1937, 1951, 1963, 1973, 1989, 2001 ва 2011 ба қайд гирифта шудаанд.<ref name="fn202">Ледник Медвежий в хребте Академии Наук (рус.) // Silk Road Adventures. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ҳангоми ҳаракати соли 1963 лозур қариб 1,75 км пеш рафта, дараи Абдуқаҳҳорро баст ва дар он сол ду маротиба (19 июн ва 3 июл) обхезиҳои лозурӣ рӯй доданд. Соли 1973 садди яхине бо паҳноии тақрибан ним километр ва баландии саду панҷоҳ метр дараро банд карда, дар паси он кӯле бо чуқурии то 110 метр пайдо шуд; 19 июни соли 1973, вақте ки дар кӯл 27 млн м³ об ҷамъ омада буд, рахнашавии он ба амал омад.<ref name="fn212">Виноградов Ю. Б. Сведения о прорывах озёр, подпруженных ледниками (рус.). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар қисмати шарқии қаторкӯҳи Язғулом, дар марзи ҷанубу шарқии ноҳия, қуллаи Истиқлол (то соли 2006 – қуллаи Революция; 6940 м) – чорумин қуллаи баланди Тоҷикистон қомат афрохтааст. Дар домани шимолии он лозури бузурги Федченко – дарозтарин лозури кӯҳии ҷаҳон берун аз минтақаҳои қутбӣ (77 км) оғоз меёбад.<ref name="fn222">Пик Революции (рус.) // Wiki.risk.ru. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Ин лозур, ки соли 1878 онро Василий Ошанин кашф карда, ба шарафи табиатшинос Алексей Федченко номгузорӣ намуда буд, аз 31 июли соли 2023 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расман Ванҷях ном дорад.<ref name="fn910" /><ref name="fn1010" /> Паҳноии миёнаи лозур 2 км ва ҳадди аксараш 5 км буда, ғафсии ях то 1 км ва ҳаҷми он ҳамроҳ бо шохобҳояш 144 км³ мерасад; лозур аз баландии 6200 м оғоз ёфта, забонааш то баландии 2909 м фуруд меояд ва дар силсилаи он 100 лозури хурду бузург, аз ҷумла 26 шохоби бевосита, ба ҳам пайвастаанд. Дар канори чапи лозур, дар баландии 4169 м, 7 августи соли 1933 истгоҳи гидрометеорологӣ кушода шуда буд, ки то соли 1995 бефосила кор кард ва соли 2004 дар доираи лоиҳаи байналмилалӣ дар он ҷо истгоҳи худкор насб гардид. Бар асари гармшавии иқлим лозур танҳо дар садаи XX дар танаи асосии худ тақрибан 15 км³ ях – даҳяки массаи худро – аз даст додааст.<ref name="fn910" />
Тибқи баррасиҳои лозуршиносии охирин, масоҳати умумии лозури Ванҷях (Федченко) тақрибан 700 км² арзёбӣ мешавад ва ҳаҷми умумии яхи он, бар пояи ченкунии ғафсии қабати ях, 123,4 ± 28 км³ ҳисоб карда шудааст.<ref name="fn232">The evolution of Fedchenko glacier in the Pamir, Tajikistan, during the past eight decades (англ.) // Journal of Glaciology. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар тӯли 93 соли мушоҳидаи илмӣ (1928-2021), суръати миёнаи тағйири баландии сатҳи лозур ба −0,46 метр дар сол расидааст, ҳарчанд дар ду фосилаи алоҳида – солҳои 1958-1980 ва 2010-2021 – коҳиши баландии забонаи лозур ду баробар аз меъёри дарозмуддат тезтар будааст.<ref name="fn242">Multi-temporal elevation changes of Fedchenko Glacier, Tajikistan, from 1928 to 2021 (англ.) // EarthArXiv / Journal of Glaciology, 2024. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ченкуниҳои GNSS ва тасвирбардории радарии TanDEM-X нишон медиҳанд, ки мувозинати ҷирмии лозур аз −0,27 ± 0,05 метри муодили обӣ дар сол барои давраи 2000-2011 то −0,51 ± 0,04 метр дар сол барои давраи 2011-2016 бадтар шудааст, яъне суръати обшавии лозур дар даҳсолаи охир тақрибан ду баробар афзудааст.<ref name="fn252">Lambrecht A., Mayer C., Wendt A., Floricioiu D., Völksen C. Elevation change of Fedchenko Glacier, Pamir Mountains, from GNSS field measurements and TanDEM-X elevation models, with a focus on the upper glacier // Journal of Glaciology.</ref> Бо вуҷуди ин, азбаски забонаи лозур бо қабати ғафси хоку сангреза пӯшида аст, масоҳати намоёни он тайи даҳсолаҳо танҳо 1,4 фоиз тағйир ёфта, дар ҳоле ки ҳаҷми аслии яхи он коҳиши назаррас – тақрибан 5 км³ дар тӯли ҳашт даҳсола – доштааст.<ref name="fn232" /> Тибқи маълумоти барномаи UNEP GRID-Arendal, забонаи лозур аз соли 1933 инҷониб зиёда аз 1 километр ба ақиб нишастааст ва аз соли 1980 инҷониб тақрибан 50 метр паст шудааст.<ref name="fn262">Shrinking of Fedchenko Glacier in the Pamirs of Tajikistan (англ.) // UNEP GRID-Arendal. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Пажӯҳиши соли 2026 дар маҷаллаи ''«Remote Sensing»'' доир ба ҳавзаи лозурии дарёи Вахш, ки низоми лозурии Ванҷях (Федченко)-ро низ фаро мегирад, нишон дод, ки масоҳати умумии лозурҳои ин ҳавза аз 4440,9 км² дар соли 2000 то 4087,1 км² дар соли 2018 коҳиш ёфта, барои соли 2025 тахминан 3955,2 км² пешбинӣ мешавад; яъне тайи солҳои 2000-2025 масоҳати умумии лозурҳо 485,7 км² (10,94 фоиз) кам шуда, коҳиши миёнаи солона ба 19,43 км² мерасад.<ref name="fn272">Changes in Glaciers of the Vakhsh River Basin, Tajikistan Under Global Climate Change (англ.) // Remote Sensing, ҷ. 18, № 9, мақолаи 1436, 2026.</ref>
Қисмати шарқии кӯҳистони ноҳия, аз ҷумла шарқи қаторкӯҳи Ванҷ ва минтақаи лозури Федченко, ба ҳудуди Боғи миллии Тоҷикистон дохил мешавад, ки соли 1992 таъсис ёфтааст ва моҳи июни соли 2013 таҳти унвони ''«Боғи миллии Тоҷикистон (кӯҳҳои Помир)»'' ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардид.<ref name="fn282">Таджикский национальный парк ''«Горы Памира»'' включён в список Всемирного наследия ЮНЕСКО (рус.) // Маркази ахбори СММ, июни 2013. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn292">Таджикский национальный парк --- объект Всемирного наследия ЮНЕСКО (рус.) // Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Заминҷунбӣ ===
Ноҳияи Ванҷ дар минтақаи аз ҷиҳати заминҷунбӣ фаъол ҷой дорад. 2 январи соли 2010 дар шарқи Тоҷикистон заминҷунбие бо бузургии 5,1-5,4 рух дод, ки дар натиҷаи он дар маркази ноҳияи Ванҷ ва деҳаҳои Роғу Гишхунбеш аз 1050 бино хароб гардида, тибқи баъзе маълумот то 20 ҳазор нафар зарар диданд ва зиёда аз ҳазор сокин муваққатан бесарпаноҳ монданд.<ref name="fn302">Землетрясение магнитудой в 5,1 балла произошло в Таджикистане (рус.) // РИА Новости, 2--3 январи 2010. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn312">Смертоносная стихия: рассказываем про самые разрушительные землетрясения в Таджикистане и мире (рус.) // Диалог.TJ. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Иқлим ==
Иқлими ноҳияи Ванҷ қораӣ (континентӣ) аст; тобистонаш гарми бебориш, зимистонаш сарди камбарф; ҳарорати миёна дар моҳи июл 20-24 °C, дар январ аз −12 °C то −20 °C. Мизони борандагии солона 200-300 миллиметр аст. Баландиҳои 4000-5500 м марғзоранд, аз он болотар – тундраи кӯҳист. Дар баландкӯҳҳо иқлим ба куллӣ дигар аст: дар минтақаи лозури Ванҷях ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво ҳатто дар моҳҳои июн-сентябр ҳамагӣ +1,6 °C буда, миқдори солонаи боришот дар он ҷо ба 1192 мм мерасад, ки 99 дарсади он ба шакли барф меборад.<ref name="fn910" />
=== Таснифи иқлимӣ ва механизмҳои ташаккулёбандаи он ===
Тибқи таснифи байналмилалии иқлимшиносии Кёппен-Гейгер (Köppen-Geiger), иқлими қисми асосии водиҳои поёнии ноҳияи Ванҷ ба гурӯҳи Dsa – ''«иқлими қораии мӯътадил бо тобистони гарму хушк»'' – мансуб дониста мешавад.<ref name="fn322">Vanj (англ.) // Wikipedia, the Free Encyclopedia. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ин рамз се хусусияти бунёдиро ифода мекунад: ҳарфи D нишон медиҳад, ки ҳарорати миёнаи сардтарин моҳи сол аз −3 °C поёнтар аст ва барф дар зимистон қабати устувор ташкил медиҳад, дар ҳоле ки гармтарин моҳ аз 10 °C болотар аст; ҳарфи s далолат мекунад, ки боришоти моҳи хушктарини тобистон ба маротиб камтар аз боришоти моҳи сербориштарини зимистону баҳор аст; ҳарфи a нишон медиҳад, ки ҳарорати миёнаи гармтарин моҳи сол аз 22 °C зиёдтар аст. Ин таснифот танҳо то баландиҳои тақрибан 2000-2500 метр эътибори комил дорад; бо боло рафтан аз ин сатҳ, иқлим ба категорияҳои сардтару намноки Dsb ва Dsc мегузарад, дар баландиҳои беш аз 3500-4000 метр ба категорияи E (иқлими тундраи кӯҳӣ) ва дар минтақаи лозурҳо, аз ҷумла дар ҳавзаи Ванҷях, ба категорияи EF (иқлими яхбандии доимӣ) табдил меёбад.<ref name="fn332">Outlook on climate change adaptation in the Central Asian mountains (англ.) // Carpathian Convention. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Иқлими ноҳия натиҷаи таъсири мутақобилаи се механизми асосии атмосферист. Дар фасли зимистон (аз ноябр то март) минтақа таҳти таъсири канораи ҷанубу ғарбии Антитсиклони Сибирӣ қарор мегирад, ки массаҳои ҳавоии сарду хушкро ба водиҳои Помир ворид карда, ҳавои софи вале шадидан сарди зимистонаро ба вуҷуд меорад.<ref name="fn342">Рамочная модель управления экологическими и социальными охранными мерами (РМУЭСОМ) (рус.) // ECDP.TJ. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар охири зимистону фасли баҳор, силсилабодҳои ғарбӣ (Westerlies), ки аз уқёнуси Атлантик ва баҳри Миёназамин ҷараён мегиранд, манбаи асосии намӣ ва боришот мебошанд; вақте ин сиклонҳо ба қаторкӯҳҳои баланди Ванҷу Язғулом бармехӯранд, раванди боришоти орографӣ (кӯҳсоз) рӯй медиҳад, ки боиси резиши миқдори зиёди борону барф мегардад. Дар моҳҳои июлу август бошад, гармшавии шадиди сатҳи замин дар биёбонҳои Афғонистону Эрон боиси пайдоиши минтақаҳои фишори паст мегардад, ки массаҳои ҳавоии тропикии хушкро ба минтақа ворид карда, равандҳои абрсозиро бозмедоранд ва давраи хушксолии тобистонаро фаро меоранд. Бо сабаби парокандагии шабакаи истгоҳҳои обуҳавосанҷӣ дар кӯҳистони Помир, таҳлили дақиқи микроиқлимҳои алоҳида – ҳатто бо истифода аз пойгоҳҳои додаҳои глобалӣ ба монанди MERRA-2 – то ҳанӯз кори мураккабе боқӣ мемонад.<ref name="fn352">Modeling of historical and future changes in temperature and precipitation in the Panj River Basin in Central Asia under the CMIP5 RCP and CMIP6 SSP scenarios (англ.) // PMC. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Низоми ҳарорат ===
Маълумоти мушаххаси истгоҳҳои метеорологии маҳаллӣ манзараи дақиқтари низоми ҳароратиро пешкаш мекунанд. Тибқи таҳлили илмии соли 2024, ки бар асоси мушоҳидаҳои истгоҳи обуҳавосанҷии Хумроғӣ (воқеъ дар ҳавзаи болооби рӯди Ванҷ) анҷом дода шудааст, ҳарорати миёнаи солона дар ин минтақа тақрибан ба +9,9 °C баробар аст.<ref name="fn362">Murodov, M.; Li, L.; Safarov, M.; Lv, M.; Murodov, A.; Gulakhmadov, A.; Khusrav, K.; Qiu, Y. A Comprehensive Examination of the Medvezhiy Glacier\\\'s Surges in West Pamir (1968--2023) (англ.) // Remote Sensing. --- 2024. --- Ҷ. 16, № 10. --- Мақолаи 1730. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Гармтарин моҳи сол июл буда, ҳарорати миёнаи он ба +23,0 °C мерасад,<ref name="fn362" /> баъзе манбаъҳои дигар ҳарорати миёнаи июлро дар маркази ноҳия то +25 °C арзёбӣ мекунанд.<ref name="fn322" /> Тибқи маълумоти сомонаҳои обуҳавосанҷии оммавӣ, дар давоми рӯзҳои гарми тобистон (масалан, дар охири июлу аввали август) ҳарорати нимирӯзӣ метавонад ба таври муназзам то +27...+32 °C боло равад.<ref name="fn372">Погода в Ванче сегодня (рус.) // Gismeteo. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Сардтарин моҳи сол январ аст, ки тибқи маълумоти истгоҳи Хумроғӣ ҳарорати миёнааш аз −4,9 то −5,0 °C-ро ташкил медиҳад.<ref name="fn362" /><ref name="fn322" /> Ин рақам аз тавсифи умумии дар боло овардашуда (аз −12 то −20 °C), ки маъмулан дар сарчашмаҳои донишномавӣ дар бораи маркази ноҳия дода мешавад, фарқи назаррас дорад; чунин ба назар мерасад, ки ин тафовут на ихтилофи асл, балки натиҷаи фарқи мавқеи чен ва усули ҳисоб бошад – рақами дуюм эҳтимолан ба ҳарорати шабонаи ниҳоии сардтарин рӯзҳо ё ба минтақаҳои баландтари ноҳия дахл дорад, дар ҳоле ки рақами якум ҳарорати миёнаи моҳонаро дар як истгоҳи мушаххас инъикос мекунад. Муҳимтарин хусусияти ин иқлим амплитудаи миёнаи солонаи ҳарорат аст, ки ба 27,9 °C мерасад ва гувоҳи равшани набудани таъсири мӯътадилкунандаи баҳрҳо мебошад.<ref name="fn362" />
Ҳароратҳои фавқулода низ ба қайд гирифта шудаанд: тибқи як ҳуҷҷати арзёбии экологию иҷтимоӣ, дар моҳи июли соли 2013 ҳарорати ҳаво дар ноҳия то +36,6 °C расидааст, дар ҳоле ки дар моҳи январи соли 2012 пасттарин ҳарорати мутлақ −20,5 °C ба қайд гирифта шуд;<ref name="fn342" /> тафовути миёни ин ду нишондиҳанда – беш аз 57 дараҷа – худ далели равшани шиддати иқлими қораии кӯҳистонии ноҳия аст.
Бо ҳар 100 метр болоравии баландӣ, ҳарорати ҳаво, тибқи қонунияти умумии физикаи атмосфера, ба ҳисоби миёна 0,6 °C коҳиш меёбад; маҳз ҳамин градиенти амудӣ сабаб мешавад, ки дар ҳоле ки дар маркази ноҳия тобистон гармои то 30 дараҷа ҳукмфармост, дар баландиҳои болои 4000 метр шароити наздик ба зимистон боқӣ мемонад. Дар минтақаи лозури Ванҷях, тавре ки дар боло зикр гардид, ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво ҳатто дар моҳҳои июн-сентябр ҳамагӣ +1,6 °C-ро ташкил медиҳад, ки шабнаму яхбандии шабонаро дар он ҷо ҳатто дар авҷи тобистон табиӣ мегардонад.
=== Боришот ва намнокии ҳаво ===
Тақсимоти боришот дар ноҳияи Ванҷ, мисли ҳарорат, ба таври шадид вобаста ба баландӣ тағйир меёбад. Тибқи маълумоти истгоҳи Хумроғӣ, боришоти миёнаи солона дар ҳавзаи болооби рӯди Ванҷ ба 341 мм мерасад,<ref name="fn362" /> дар ҳоле ки дар қисматҳои поёнии водӣ ин рақам ба 200-300 мм наздик аст (ниг. боло), ва дар баъзе минтақаҳои миёнакӯҳ, тибқи баъзе сарчашмаҳо, то 626 мм низ мерасад.<ref name="fn322" /> Хусусияти муҳимтарин на ҳаҷми умумии боришот, балки тақсимоти бениҳоят нобаробари он дар тӯли сол аст: моҳи сербориштарин март буда, ба ҳисоби миёна 64 мм боришот дорад ва бо обшавии ҳамзамони барфҳои кӯҳӣ сатҳи оби Ванҷобу Язғуломро кескин боло мебарад; моҳи хушктарин бошад, август аст, ки миқдори боришот дар он ҳамагӣ ба 1 мм мерасад.<ref name="fn362" /> Тафовути 63-миллиметра миёни ин ду моҳ нишондиҳандаи равшани хушксолии мутлақи тобистона мебошад.<ref name="fn362" />
Намнокии нисбии ҳаво низ ба ҳамин ритми мавсимӣ пайравӣ мекунад: дар авҷи тобистон он метавонад то 18-24 фоиз коҳиш ёбад,<ref name="fn382">Погода в Ванче (Таджикистан) (рус.) // JSPRAV.ru. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> ки боиси бухоршавии босуръати намӣ аз сатҳи хоку баргу набот гардида, эҳтиёҷи кишоварзиро ба обёрии сунъӣ хеле меафзояд. Дар муқобил, дар минтақаи баландкӯҳии лозури Ванҷях, тавре ки дар боло омад, миқдори солонаи боришот ба 1192 мм мерасад, ки 99 дарсади он ба шакли барф меборад – рақаме, ки таъсири орографии (кӯҳсози) қаторкӯҳҳои Ванҷу Академияи илмҳоро ба таври возеҳ нишон медиҳад: ҳангоме ки массаҳои ҳавоии намнок ба ин деворҳои азим бармехӯранд, ба боло ҳаракат карда, сард мешаванд ва намии худро дар шакли боришоти шадид дар минтақаҳои баландтар мепартоянд, дар ҳоле ки водиҳои поёнӣ дар ''«сояи боришот»'' боқӣ мемонанд.
Хоки водиҳо ҷигарӣ ва чаманзорӣ (чимтолӣ); хоки кӯҳҳо ва нишебиҳои онҳо даштӣ ва марғзору баландкӯҳ, ҷо-ҷо регзор аст. Аксари хокҳо серсанганд.
Дар водиҳо набототи даштӣ, дар кӯҳҳо ва доманаи онҳо дарахтони бед, арча, сафедор, буттаҳои ангат, зирк, бушол, настаран; дар баландии 2000-4000 м камол, юған, торон, ревоҷ (чукрӣ), куруш, фарк, курт, бодом, жағн, тӯс (буруҷ) ва ғайра мерӯянд. Дар водии Ванҷ дарахтони мевадор, аз қабили тут, зардолу, себ, чормағз хеле фаровонанд ва ҳосили хуб медиҳанд.
Аз ҳайвоноти ваҳшӣ паланг, хирс, гург, шағол, рӯбоҳ, оҳу, суғур, заргӯш, аз парандагон гунҷишк, ғулба, кабки реза, кабки дарӣ (ҳилол), кафтар, боз, ғалевоз, уқоб ва ғайра вомехӯранд.
=== Минтақабандии амудии эко-иқлимӣ ===
Бо сабаби тафовути шадиди баландӣ – аз 1500 метр дар қисматҳои поёнии водӣ то беш аз 6000 метр дар қуллаҳо – иқлими ноҳияи Ванҷ якранг нест, балки аз занҷираи пайдарпайи минтақаҳои эко-иқлимӣ иборат аст, ки ҳар кадоме шароити хоси гармову намнокӣ ва набототу ҳайвоноти мувофиқи худро доранд.
Дар баландии 1500-2000 метр, дар водиҳои Ванҷу Водхуд, иқлим гармтарину мусоидтарин аст; маҳз дар ҳамин минтақа, тавре ки дар боло зикр шуд, дарахтони меваовар – тут, зардолу, себу чормағз – ҳосили фаровон медиҳанд. Аз баландии 2000 то 4000 метр иқлим сардтар мешавад ва набототи дарахтии гармидӯст ҷои худро ба буттаву гиёҳҳои тобовар ба хушкии тобистона медиҳад; маҳз ҳамин минтақа, тибқи таҳқиқоти экологии барномаҳои ҷаҳонии ҳифзи табиати Осиёи Марказӣ, макони зисти намудҳои нодири эндемикӣ – аз ҷумла гиёҳи [*Nepeta badachschanica]* ва шабпараки нодири кӯҳӣ [*Parnassius autocrator]* – маҳсуб мешавад.<ref name="fn392">World Heritage thematic study for Central Asia (англ.) // IUCN Portals. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар баландии 4000-5500 метр, дар минтақаи тундраи кӯҳӣ ва марғзорҳои алпӣ, набототи дарахтӣ комилан аз байн меравад ва танҳо гиёҳҳои пастқад, ушна ва сангфаш (лишайник) боқӣ мемонанд; фаунаи ин минтақа – аз ҷумла паланг, хирс, суғур ва кабки дарӣ (ҳилол) – бештар дар фасли тобистон ба ин баландиҳо мебарояд ва бо фарорасии зимистон ба минтақаҳои поёнии гармтар муҳоҷирати амудӣ мекунад.<ref name="fn392" /> Ниҳоят, аз баландии 5500 метр боло, дар минтақаи нивалӣ-лозурӣ, олами яхбандии доимӣ оғоз мешавад, ки ба иқлими қутбҳои Замин монандӣ дорад ва манбаи асосии ғизогирии лозурҳои бузурги ноҳия, аз ҷумла лозури Ванҷях, ба шумор меравад.
=== Хатарҳои гидрометеорологӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ===
Иқлими шадидан қораии ноҳияи Ванҷ, ки бо боришоти пуршиддати баҳорӣ ва хушксолиҳои шадиди тобистона тавсиф мешавад, минтақаро ба яке аз осебпазиртарин ноҳияҳо аз лиҳози хатарҳои гидрометеорологӣ дар тамоми ҳавзаи рӯди Панҷ табдил додааст.<ref name="fn402">Climate Change Vulnerability Assessment Republic of Tajikistan: Building Climate Resilience in the Pyanj River Basin (англ.) // Climate Investment Funds (CIF). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ду омили асосии иқлимӣ сабабгори аксари сел ва обхезиҳо мебошанд. Аввал, вақте ки боришоти шадиди баҳорӣ бо баландшавии ногаҳонии ҳарорат ҳамроҳ мешавад, барфҳои нишебиҳои кӯҳӣ босуръат об шуда, заминро аз ҳад зиёд сернам мекунанд ва ба лағжиши қабатҳои замин ва фаромадани селҳои лойқадор оварда мерасонанд.<ref name="fn362" /> Дуюм, ҳангоме ки ҳарорати нимирӯзии тобистона ба атрофи +30 °C мерасад, суръати обшавии лозурҳо ба ҳадди аксар расида, метавонад боиси обхезиҳои ногаҳонии кӯлҳои лозурӣ гардад,<ref name="fn382" /> падидае, ки, тавре ки дар бахши ''«Лозурҳо ва қуллаҳо»'' зикр гардид, дар мисоли лозури Хирс борҳо ба амал омадааст.
Тибқи арзёбии осебпазирии иқлимӣ, ки дар доираи лоиҳаи минтақавии ''«Ташаккули устувории иқлимӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ»'' анҷом дода шудааст, деҳаҳои ноҳияи Ванҷ, аз ҷумла дар ҷамоатҳои Водхуду Язғулом, дар қатори минтақаҳои дорои хатари миёна ва баланди зарар аз сел ва обхезӣ гурӯҳбандӣ шудаанд.<ref name="fn402" /><ref name="fn412">45354-002: Building Climate Resilience in the Pyanj River Basin (англ.) // Asian Development Bank. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Барои коҳиш додани ин осебпазирӣ, дар доираи лоиҳаҳои байналмилалии мутобиқшавӣ ба иқлим, дар ҳудуди ҷамоати Водхуд корҳои мустаҳкамкунии соҳили рӯди Ванҷоб ва барқарорсозии лӯлаҳои оби полезӣ анҷом дода шудаанд, ки ҳадафи онҳо ҳифзи заминҳои кишоварзӣ аз сел ва кафолати таъминоти об дар давраҳои хушксолии шадид мебошад.<ref name="fn402" /> Ин гуна тадбирҳои инфрасохторӣ, дар якҷоягӣ бо гузариш ба неруи барқи хурди обӣ (ниг. бахши ''«Энергетика»'') ва вобастагии иқтисоди хонаводаҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ (ниг. бахши ''«Муҳоҷирати меҳнатӣ»''), нишондиҳандаи равшани он мебошанд, ки иқлими шадиди кӯҳистонӣ на танҳо омили табиӣ, балки муайянкунандаи асосии тарзи зиндагӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ванҷ боқӣ мемонад.
{| class="wikitable"
|+Ҷадвали 1. Хулосаи нишондиҳандаҳои иқлимии ноҳияи Ванҷ<ref name="fn362" /><ref name="fn322" /><ref name="fn342" /><ref name="fn372" /><ref name="fn382" />
!Нишондиҳанда
!Қимат
!Тавзеҳ
|-
|Ҳарорати миёнаи солона
| +9,9 °C
|Истгоҳи Хумроғӣ
|-
|Ҳарорати миёнаи июл (гармтарин моҳ)
| +23,0...+25,0 °C
|Хумроғӣ / маркази ноҳия
|-
|Ҳарорати миёнаи январ (сардтарин моҳ)
|−4,9...−5,0 °C
|Истгоҳи Хумроғӣ
|-
|Амплитудаи миёнаи солонаи ҳарорат
|27,9 °C
|Нишондиҳандаи иқлими қораӣ
|-
|Максимуми мутлақ (рекорд)
| +36,6 °C
|Июли соли 2013
|-
|Минимуми мутлақ (рекорд)
|−20,5 °C
|Январи соли 2012
|-
|Боришоти солона (Хумроғӣ)
|341 мм
|Ҳавзаи болооби рӯди Ванҷ
|-
|Моҳи сербориштарин
|64 мм
|Март
|-
|Моҳи хушктарин
|1 мм
|Август
|-
|Намнокии нисбии ҳаво дар тобистон
|18-24 %
|–
|}
== Таърих ==
Ванҷ таърихи чандинҳазорсола дорад, ки осори таърихии он то ҳол пойбарҷоянд, аммо касе аз донишмандони таърих ва бостоншиносони тоҷик ба пажӯҳиши ҷиддии ин ганҷинаи таърих домани ҳиммат барназадааст. Сағонаҳо ва дахмаҳои Ванҷ худ далели ошкори таърихи чандҳазорсолаи ин куҳанбуманд. Бо ин ҳама, таърихи навини водӣ дар осори муаррихони тоҷик – мақолаи академик Раҳим Масов ''«Оид ба таърихи водии Ванҷ»'' ва китобҳои профессор Ҳайдаршо Пирумшоев – мавриди баррасии махсус қарор гирифтааст.<ref name="fn422">Масов Р. М. К истории Ванчской долины // Мероси ниёгон. --- Душанбе, 1999. --- № 4. --- С. 20--30.</ref><ref name="fn210" />
Сарнавишти таърихии Ванҷ аз дигар мавзеъҳои тоҷикнишини Бухорои Шарқӣ ва ғарби Бадахшон чандон фарқе надошт. Фоҷиаҳое, ки дар ин ё он гардиши таърихӣ, мисли ҳуҷуми муғулҳо, темуриён ва тозиши дигар қабилаҳои кӯчии туркнажод ва хунрезиҳои ваҳшиёна дар давраи парокандагии феодалӣ рух доданд, бар ин сарзамин бетаъсир набуданд. Тоҷиконе, ки зери таъқибу фишори аҷнабиён қарор гирифта буданд, барои ҳифзи ҷони худ ба тагнои ин дараҳои дастнорас, ба каронаҳои рӯдҳои кӯҳӣ паноҳ бурданд ва ба ҷойҳои дурдасте кӯчиданд, ки сокинони маҳаллӣ дар он солиёни дароз бо кӯшишу ранҷи сахт қитъаҳои хурди заминро барои кишт созгор мекарданд.
Далели мустақими мардумшиносии ин падидаи муҳоҷират аз ҷониби шарқшиноси рус А. А. Семёнов, ки соли 1898 дар доираи экспедитсияи расмии граф А. А. Бобринский ба кӯҳҳои Зарафшону Қаротегину Дарвоз сафар карда буд, сабт гардидааст:
''«Обитатели долины Ванджа говорили, что ихъ долина заселена недавно, лѣтъ сто тому назадъ, выходцами съ Хингоба. Это переселеніе, замѣтимъ, на Вандж съ Хингоба продолжается, вѣроятно, и до сихъ поръ: намъ здѣсь приходилось встрѣчать много туземцевъ, которые родились въ долинѣ Хингоба и недавно переселились на Ванджъ. Туземцы Дарваза по Пянджу передавали, что ихъ отцы заселили правый берегъ рѣки, когда лѣвый былъ занятъ, и пришли сюда изъ долины Хингоба, туда же переселились съ Ях-Су.»''
Тарҷума: ''«Сокинони водии Ванҷ мегуфтанд, ки водии онҳо на чандон пеш, тахминан сад сол қабл, аз ҷониби муҳоҷирони аз Хингов омада маскун шудааст. Ин муҳоҷират, бояд қайд кард, аз Хингов ба Ванҷ, эҳтимол, то ба имрӯз низ идома дорад: мо дар ин ҷо бисёр сокинонеро вохӯрдем, ки худашон дар водии Хингов таваллуд шуда, ба наздикӣ ба Ванҷ кӯчида буданд. Сокинони бумии Дарвоз дар соҳили Панҷ нақл мекарданд, ки падарони онҳо соҳили рости дарёро – вақте ки соҳили чап аллакай ишғол шуда буд – маскун сохтаанд ва ба ин ҷо аз водии Хингов омада буданд, ки худ пеш аз он аз Ях-Су ба он ҷо кӯчида буд»''.<ref name="fn432">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 20.</ref> Ин маълумоти мардумшиносӣ, ҳарчанд бар асоси ривояти шифоҳии сокинон дар охири асри XIX сабт шуда ва набояд ҳамчун санади мутлақи таърихӣ пазируфта шавад, бо ин ҳама, бо тасвири умумии дар боло овардашуда – ки водиро паноҳгоҳи гурезагони кӯҳистонӣ аз минтақаҳои гуногун меҳисобад – ҳамоҳангии комил дорад. Дар бораи таърихи куҳантари Ванҷ ҳанӯз манбаъи мувассақе ба даст нарасидааст. Аммо аз таҳқиқоти донишмандони руси тоинқилобӣ ва муҳаққиқони аҳди шӯравӣ бармеояд, ки Ванҷ қариб то охири асрҳои миёна истиқлоли худро нигоҳ медошт. Ин назарро донишманди маъруф, мутахассиси таърихи Бухорои Шарқӣ ва Бадахшон Б. Искандаров чунин баён кардааст:<ref name="fn442">Искандаров Б. И. Восточная Бухара и Памир во второй половине XIX в. Ч. 1--2. --- Душанбе, 1962--1963.</ref>
Аз мулкҳои қаламрави Дарвоз сокинони Ванҷ нисбатан мустақилияти воқеъиро соҳиб буданд. Ин ноҳияро кӯҳҳои баланд иҳота мекунанд ва он аз шоҳроҳи пайвандгоҳи мулкҳои кишвар дар канор, дар наздикиҳои доманаи лозури Федченко ҷой дорад. Аз ин ҷиҳат мулки номбурда барои аҷнабиён дастнорас буд. Ба ин нигоҳ накарда, хонҳои Қӯқанд дар охири асри XVIII - ибтидои XIX борҳо барои ғасбу тобеъ намуданаш кӯшиш ба харҷ додаанд, вале ҳама талафоту харҷашон беҳуда анҷом ёфтааст.
Ванҷ дар замони истилои муғулон ва салтанати Темуриён, Шайбониён ва Аштархониён ба таври расмӣ ҷузъи қаламрави онҳо шинохта мешуд, аммо амалан мустақил буд. Ин вазъиятро метавон дар замони ташаккули давлатдории Қӯқанд (авохири асри 18 - нимаи якуми асри 19) низ мушоҳида кард. Мувофиқи маълумоти маъхазҳо, Ванҷ то замони эътироф кардани ҳукумати шоҳи Дарвоз Исмоил (1845-1863) истиқлоли худро нигоҳ дошт. Дар замони ҳукмронии шоҳони вопасини Дарвоз (1863-1877) Ванҷ бахше аз қаламрави он ҳисоб меёфт. Баъд аз пайвастани Ванҷ ба Дарвоз иқтидори ҳокимони Дарвоз афзоиши чашмгире дошт, зеро бо ҳамроҳ шудани паҳлавонони ҳузарби ванҷӣ ба сафи лашкари Исмоилшоҳ имконоти ҷангии ӯ бамаротиб афзуд. Дар бораи муносибати мураккаби Ванҷ бо ҳокимони марказии Дарвоз, ки байни итоат ва муқовимат дар навасон буд, шаҳодати арзишманди дигаре аз офицери Штаби Генералии Русия, капитан А. Кузнецов боқӣ мондааст, ки соли 1892 ба таври пажӯҳиши ҳарбӣ аз Дарвоз дидан кардааст. Тибқи гузориши ӯ, гоҳе Шоҳони Дарвоз маҷбур мешуданд бар зидди бекҳои саркаши Ванҷ лашкар бифиристанд:
''«Тѣмъ не менѣе этимъ переваломъ во время оно Дарвозскіе Ша посылали войска съ артиллеріей въ Ванчъ на усмиреніе непокорныхъ бековъ, которые портили по Пянджу дорогу и занимали оборонительно тѣснины этой рѣки.»''
Тарҷума: ''«Бо ин ҳама, тавассути ҳамин ағба буд, ки замоне Шоҳони Дарвоз лашкар бо тӯпхона ба Ванҷ мефиристоданд, барои ба итоат овардани бекҳои саркаше, ки роҳи канори Панҷро вайрон мекарданд ва тангноҳои ин дарёро ба таври мудофиавӣ ишғол менамуданд»''.<ref name="fn452">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 12–13.</ref> Мисоли дигари ин рӯҳияи истиқлолхоҳонаи Ванҷ дар хотираи мардумӣ низ маҳфуз мондааст: тибқи иттилои Кузнецов, тахминан 120 сол пеш аз боздиди ӯ, яъне дар замони Шоҳ Иброҳими Дарвоз, ҳокими Ванҷ — Шабосхон — бо роҳи ағбаи Кашолаях ба Сариқул барои ғорати қирғизҳо лашкар кашида буд:
''«Послѣдній разъ этимъ переваломъ ходилъ управитель Ванча Шабосъ-ханъ въ Сары-Колъ грабить киргизъ. Это было 120 лѣтъ тому назадъ во время Дарвозскаго Ша-Ибрагима.»''
Тарҷума: ''«Бори охирин аз ҳамин ағба ҳокими Ванҷ, Шоҳаббосхон барои ғорати қирғизҳо ба Сариқул гузашта буд. Ин ҳодиса 120 сол пеш, дар замони Шоҳи Дарвоз Иброҳим, рӯй дода буд»''.<ref name="fn462">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 21–22.</ref>
Тибқи ривояти маҳаллӣ, ки муаррихон Р. Масов ва Ҳ. Пирумшоев дар асари бунёдии худ ''«Файзи истиқлол дар "Боми ҷаҳон"»'' сабт кардаанд, дар деҳаи Кулумбаи Боло то ба имрӯз нишонаҳои коркарди тилло боқӣ мондаанд, ки гӯё дар замони истилои муғулон навкарони Чингизхон мардуми маҳаллиро маҷбуран ба ин фаъолият сафарбар карда буданд.<ref name="fn472">Масов Р. М., Пирумшоев Ҳ. Файзи истиқлол дар ''«Боми ҷаҳон»''. --- Душанбе: Дониш, 2011. --- 412 с. --- ISBN 978-99947-2-004-0. --- С. 362--363.</ref> Ин ривоят нишон медиҳад, ки ҳарчанд қудратҳои бузург метавонистанд нуфузи худро ба таври муваққатӣ ва барои истихроҷи захираҳо таҳмил кунанд, онҳо ҳеҷ гоҳ натавонистанд назорати пурраи маъмуриро дар ин дараҳои маҳкам барқарор намоянд. Дар замони салтанати Темуриён низ, тибқи маълумоти муаррихи асримиёнагӣ Абдурраззоқи Самарқандӣ, агарчи минтақа расман дар итоати Темур буд, он аз ҷониби шоҳони маҳаллӣ идора мешуд ва ҳатто дар лашкари Темур ҳангоми муҳосираи Қалъаи Калот (соли 1381 милодӣ) дастаҳое аз сокинони Дарвозу Қаротегин хидмат мекарданд, ки гувоҳи иқтидори ҳарбии ин кӯҳистониён аст.<ref name="fn472" />
Дар охири асри XVIII ва нимаи якуми асри XIX хонҳои Қӯқанд якчанд маротиба кӯшиши тобеъ намудани Ванҷу Дарвозро ба харҷ доданд: дар замони салтанати Умархон (1810-1822) ва Мадалихон лашкаркашиҳои пайдарпай ба самти Қаротегину Дарвоз сурат гирифтанд; чунончи соли 1834 Мадалихон бо сарварии Машариф Атолиқ лашкари бузургеро барои саркӯб кардани шоҳзодагони фирории қӯқандӣ ба ин манотиқ фиристод, ки боиси даргириҳои шадид бо сипоҳиёни маҳаллӣ гардид.<ref name="fn482">Мудабирзода. Диссертатсия // Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш, 2025.</ref> Бо вуҷуди ин талошҳо ва хароҷоти зиёди ҳарбӣ, тавре ки дар боло аз қавли Искандаров зикр гардид, Ванҷ мустақилияти воқеии худро нигоҳ дошт.
Бо таваҷҷуҳ ба ин мавзӯъ, намояндаи расмии идораи Русия дар Туркистон Г. А. Арандаренко чунин қайд намудааст:
Дар давраи Исмоилшоҳ ба дарвозиён фурсат даст дод, ки ҳокимияти худро на танҳо дар Қаротегин ва Шуғнон густариш диҳанд, балки аз Кӯлобу Ҳисор низ боҷ биситонанд, гарчи дар муддати на чандон тӯлонӣ ҳам бошад.
Тибқи таҳқиқоти навтарин, Исмоилшоҳ дар авҷи иқтидори худ ба ин доираи васеъ ҳатто Рӯшонро низ тобеъ карда буд.<ref name="fn482" /> Вақте ки дар охирҳои солҳои 1860-ум ҳокимони Кӯлобу Ҳисор – Сарахон ва Абдулкаримбий – бо лашкари тахминан 50 ҳазор нафара ба муқобили ӯ бархостанд, Исмоилшоҳ бо дастгирии неруҳои содиқи худ, аз ҷумла паҳлавонони ванҷӣ, ба онҳо муқовимати шадид нишон дод.<ref name="fn482" />
Баъди ба Русия ҳамроҳ кардани Осиёи Миёна, амир Музаффар (1860-1885) бо дастгирии фармондори вилояти Туркистон манотиқи мустақиллу нимамустақилли Бухорои Шарқиро тасарруф кард ва нерӯҳои ҳарбии худро бо сарварии Худойназар (зимистони солҳои 1877-78) ба воситаи ағбаи Работ ба Қалъаи Хумб фиристод. Худойназар Қалъаи Хумбро ишғол кард, сипас ба самти Ванҷ ҳаракат намуд. Дар наздикии деҳаи Кеврон набарди сахте рӯй дод ва аскарони амир тавонистанд лашкари Дарвозро шикаст дода, таъқиби сарбозони боқимондаро идома диҳанд. Дастаи размандагони ихтиёрии Ванҷ ҳаракати сарбозони амирро дар назди Қалъаи Рохарв – маркази Ванҷ боздоштанд. Баъди муҳосираи бенатиҷаи қалъа сарбозони амир ба Қалъаи Хумб баргаштанд. Ванҷ баъди тобеъ шудани шоҳии Дарвоз боз ду сол истиқлоли худро нигоҳ дошт. Дар давраи салтанати сулолаи манғитиён Ванҷ яке аз амлокдориҳои нисбатан бонуфузи бекии Дарвоз ба шумор мерафт.
Амлокдори Ванҷро ''«мир»'' ва ё ''«шоҳ»'' меномиданд, яъне мири Ванҷ ё шоҳи Ванҷ. Вижагии вазифаи мирӣ дар Ванҷ дар ин буд, ки номзадии мири Ванҷро бо машварат ва ройзании шахсиятҳои бонуфузи маҳаллӣ пешбарӣ мекарданд, сипас мири Дарвоз бар ӯ мувофиқат мекард ва аз амири Бухоро таъйиди ниҳойӣ дарёфт мешуд. Ҷамъ намудани андоз ва уҳдадориҳои феодалӣ ба зиммаи мир гузошта шуда буданд.
Муҳимтарин санади таърихӣ, ки сохтори деҳаҳо ва демографияи ин давраро тасдиқ мекунад, ҳуҷҷати барӯйхатгирии саросарии Аморати Бухоро дар соли 1914 мебошад. Тибқи ин санад, ки 6-уми моҳи рабиъу-с-сонии соли 1332-и ҳиҷрӣ (мутобиқ ба марти соли 1914) аз тарафи беки Дарвоз Абдусатторбек Бийи Додхоҳ бо муҳр тасдиқ шудааст, маркази амлокдории Ванҷ расман дар деҳаи Рохарв (макони Қалъаи Ванҷ) сабт гардидааст.<ref name="fn492">Ванҷ ва Язгулом 112 сол пеш аз ин // Газетаи мардумии СССР. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ин рӯйхати нодир нишон медиҳад, ки аксари мутлақи деҳаҳои имрӯзаи водӣ ҳанӯз сад сол қабл бо ҳамон номҳои таърихии худ вуҷуд доштанд ва қисми узвии сохтори маъмурии амлокдорӣ буданд.<ref name="fn492" />
Сокинони водии Ванҷ Инқилоби Октябрро нисбатан хуб пазируфтанд, вале пас аз муддати кӯтоҳе муборизони маҳаллии муқовимат, аз пайравони Фузайл Махсум ва дигарон, ки бо номи ''«босмачиён»'' маъруфанд, чандин бор бо Артиши Сурх ва давлати шӯравии мустақарр дар Ванҷ даргир шуданд. Дар ин даргириҳо барои дифоъ аз ҳукумати шӯравӣ фидоиёни маҳаллӣ, мисли М. Давлатов, С. Раупов, Т. Шарифов, В. Эҳсонов, У. Меҳралишоев, Ҷ. Сафоев, Қ. Собиров ва дигарон ширкат доштанд.
Тафсилоти иловагӣ дар бораи ҳамин рухдодҳо — аз ҷумла робитаи онҳо бо мудохилаи Британия дар минтақа — дар мақолаи Т. Г. Абаева дар бораи пажӯҳишҳои А. В. Станишевский омадааст:
''«Басмаческий налет весной 1929 г. на Гарм и на Ванчский район Западного Памира был осуществлен под руководством капитана Вуда-Балларда, помощника малакандского политического агента по Читральскому княжеству.»''
Тарҷума: ''«Ҳамлаи босмачиён дар баҳори соли 1929 ба Ғарм ва ба ноҳияи Ванҷи Помири Ғарбӣ таҳти роҳбарии капитан Вуда-Баллард, ёрдамчии агенти сиёсии малаканд оид ба амораи Читрал, амалӣ гардид.»''.<ref name="fn156">Абаева Т. Г. Исследования А. В. Станишевского (Азиза Ниалло) о Памире // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 281.</ref>
Бино бар сарчашмаҳои таърихӣ, дар асрҳои миёна Ванҷ се ниҳиштаи маъдани оҳансанг дошт. Ҳанӯз дар оғози асри XX истихроҷи оҳан, гудохтани он ва оҳангарӣ яке аз пешаҳои асосии мардуми маҳаллии Ванҷ буд, ки бо ин пеша манотиқи муҷовирро бо оҳан ва афзоли хоҷагӣ, асбоби кишоварзӣ, корду шамшер ва дигар аслиҳа таъмин мекарданд.<ref name="fn502">Камалиддинов Ш. С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX --- начала XIII вв. --- Ташкент: Ӯзбекистон, 1996.</ref> Ин касби мардумии ванҷиёнро шарқшиноси маъруф М. С. Андреев ҳанӯз соли 1926 дар рисолаи махсуси худ ''«Истеҳсоли оҳан дар водии Ванҷ»'' муфассал тавсиф кардааст.<ref name="fn512">Андреев М. С. Выработка железа в долине Ванча (верховья Аму-Дарьи). --- Ташкент, 1926.</ref>
Тибқи маълумоти иловагӣ дар бораи ин ҳунари мардумӣ, гудозиши оҳан дар кӯраҳои махсуси заминӣ - чиндонҳо, ки аз сангҳои тарошиданашуда ва гил сохта мешуданд, анҷом мепазируфт; оташро тавассути дамҳои аз пӯсти буз сохташуда меафрӯхтанд ва ҳамчун сӯзишворӣ аз ангишти чӯб ва барои афрӯхтани оташ, буттаи кӯҳии ''«пӯш»-ро'' истифода мекарданд.<ref name="fn522">Ходоров И. Е. Таджикистан в народном хозяйстве СССР (рус.) // Исторические материалы (istmat.org). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Як чунин кӯра тавоноӣ дошт, ки дар як шабонарӯз то 240 килограмм маъданро коркард намояд ва раванди пайвастаи гудозиш аз 2 то 5 шабонарӯз идома меёфт;<ref name="fn522" /> маҳз ҳамин технологияи маҳаллӣ ба Ванҷ имкон медод, ки аз воридоти металл аз берун вобаста набошад ва артиши худро бо аслиҳаи сард таъмин карда, худкифоии ҳарбию иқтисодиро кафолат диҳад.
Шаҳодати мустақил ва қадимтарини мустанад дар бораи ин анъанаи оҳангарӣ, ки бисту се сол пеш аз тадқиқоти Андреев сабт шудааст, аз гузориши капитан Кузнецов (соли 1892) бармеояд:
''«Серебро имѣется въ Джумарчскомъ амилякдарствѣ, свинецъ, олово у кишлака Вараунъ, желѣзо по р. оби-Ванчъ, главнымъ образомъ въ окрестностяхъ кишлака Техарви, кишлака Потау и кишлака Вань-Вань. Туземцы берутъ желѣзную руду, лежащую только на верхнихъ слояхъ земли; обжигаютъ ее въ особо-устроенныхъ печахъ, причемъ изъ 2 пудовъ руды получается желѣза полъ-пуда.»''
Тарҷума: ''«Нуқра дар амлокдории Ҷумарҷ мавҷуд аст, сурбу қалъагӣ — дар канори рустои Баравн, оҳан бошад — дар канори дарёи Ванҷ, асосан дар атрофи рустоҳои Техарв, Потов ва Ван-ван. Бумиён маъдани оҳанро, ки танҳо дар қабатҳои болоии замин ҷой дорад, бармедоранд; онро дар кӯраҳои махсус месӯзонанд, ки дар натиҷа аз ду пуд маъдан ним пуд оҳан ба даст меояд»''.<ref name="fn532">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 55–56.</ref> Кузнецов инчунин истихроҷи тиллоро дар ҳавзаи дарёи Ванҷ (дар канори Сағирдашту Язғулом), ки бо усули ибтидоии кӯшмаву ғалбер сурат мегирифт, тасвир кардааст ва аз байни ҳунарҳои дастии амлокдории Ванҷ, махсусан кордсозиро зикр намудааст:
''«Изъ кустарнаго производства обращаетъ на себя вниманіе только выдѣлка ножей въ Ванчскомъ амилякдарствѣ, да повсюду приготовленіе мату для одежды.»''
Тарҷума: ''«Аз ҳунарҳои дастӣ танҳо кордсозӣ дар амлокдории Ванҷ ва — дар ҳама ҷо — тайёр кардани мату барои либос таваҷҷуҳро ҷалб мекунад»''.<ref name="fn542">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 68.</ref>
Ванҷ аз замони Сомониён то соли 1877 ҳукумате мустақил дошта, фармонравоёни онро шоҳ мехондаанд. Соли 1878 амири Бухоро ба Дарвоз лашкар кашид ва пас аз хиёнати баъзе дарвозиён ба Дарвоз муставлӣ шуд; Дарвозро бекигарӣ ва Қалъаи Хумбро қароргоҳи урдуи манғитиён гардонд. Дарвоз тайи солҳои 1878-1920 яке аз бекигариҳои Бухоро буд ва бек дар Қалъаи Хумб менишаст ва мир хонда мешуд. Бо вуҷуди ин ҳама, Ванҷ зоҳиран дар итоати бекигарӣ буд, вале истиқлоли худро нигаҳ дошт ва пои шуми сипоҳи манғитиён ба Ванҷзамин нарасид.
Тафсилоти иловагӣ дар бораи лаҳзаҳои ниҳоии хонигарии мустақили Дарвоз низ дар ҳамин гузориши Кузнецов сабт шудааст. Тибқи маълумоти ӯ, дар арафаи суқут, аз тамоми қаламрави собиқи хонигарӣ ба охирин Шоҳи Дарвоз — Сераҷетдин — танҳо чанд мулки марказӣ, аз ҷумла худи Ванҷ, боқӣ монда буд:
''«...послѣднему дарвозскому Ша Сераджетдину принадлежали только Кала-и-Хумбъ, Ванчъ, Язулемъ, всѣ амилякдарства лѣваго берега Пянджа съ Хагономъ включительно, Хуллезъ и Вахія.»''
Тарҷума: ''«...ба охирин Шоҳи дарвозӣ Сироҷидин танҳо Қалъаи Хумб, Ванҷ, Язғулом, тамоми амлокдориҳои соҳили чапи Панҷ то Ҳагонро (Деҳагон, Деҳхагон) дар бар гирифта, инчунин Хулоз ва Вахё тааллуқ доштанд»''.<ref name="fn552">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 5.</ref> Ва ҳангоме ки соли 1878 сипоҳи бухороӣ бо сарварии Худойназар-Атолиқ ногаҳон ба Қалъаи Хумб наздик шуд, Сироҷидин-Шоҳ бидуни ҷанг таслим гардид, вале роҳи гурези худро маҳз аз тариқи Ванҷ интихоб намуд:
''«Сераджетдинъ-Ша сдалъ крѣпость безъ бою, а самъ бѣжалъ черезъ Ванчъ въ Кокандъ къ Худаяръ-хану.»''
Тарҷума: ''«Сироҷидин-Шоҳ қалъаро бидуни ҷанг таслим кард, худаш бошад, аз тариқи Ванҷ ба Қӯқанд, назди Худоёрхон гурехт»''.<ref name="fn562">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 6.</ref>
Соли 1895 бекигарии Дарвоз, ки дар ҳар ду канораи рӯди Панҷ қарор дошт, дар паи ҷаҳонгириҳои Русия ва Британия дупора гардид: канораи рост ба аморати Бухоро ва канораи чап ба Афғонистон дода шуд.<ref name="fn572">Постников А. В. Схватка на ''«Крыше Мира»'': политики, разведчики и географы в борьбе за Памир в XIX веке. --- М.: Памятники исторической мысли, 2001. --- 416 с. --- ISBN 5-88451-100-0.</ref>
Ванҷ то соли 1920 амлокдории Қалъаи Ванҷи бекигарии Дарвози аморати Бухоро буд. Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 Ванҷ аз соли 1920 то 1924 чун тумани Ванҷ дар ҳайати вилояти Ғарми Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро ҷой дошт. Солҳои 1925-1926 Ванҷ чун ҷузъи тумани Қалъаихумби вилояти Ғарми ҶМШС Тоҷикистон ҳисоб меёфт. Солҳои 1926-1930 волости Ванҷ дар ҳайати ВМКБ буд. Солҳои 1930-1933 Ванҷ чун қисми ҳудуди ноҳияи Қалъаихумб бевосита дар тобеъияти ҷумҳурӣ буд.
Тибқи Қарори Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон аз 29 майи соли 1933, №46 расман ноҳияи Ванҷ таъсис ёфта, то соли 1937 дар тобеъияти бевоситаи ҷумҳурӣ қарор дошт. Дар асоси Қарори Президиуми КИМ-и Шӯроҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 августи соли 1937, №43 ноҳияи Ванҷ бо ҳамаи деҳшӯроҳояш: Ванҷ, Водхуд, Рованд, Техарв, Жовуд ва Язғулом расман ба ҳайати ҳудудии ВМКБ гузаронида шуд. Бино бар ин, ноҳияи Ванҷ ҳамчун воҳиди маъмурӣ дар ҳайати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 11 августи соли 1937 ташаккул ёфтааст.
{| class="wikitable"
|+Ҷадвали 2. Таҳаввулоти маъмурию ҳудудии Ванҷ (то соли 1878 – соли 1937)
!Марҳилаи таърихӣ
!Мақоми маъмурию ҳудудӣ
!Тобеияти давлатӣ/минтақавӣ
|-
|То соли 1878
|Мухторияти комил / Иттиҳод бо Дарвоз
|Идоракунии мустақил таҳти сарварии шоҳ
|-
|1878-1920
|Амлокдории Қалъаи Ванҷ
|Бекигарии Дарвоз, Аморати Бухоро
|-
|1920-1924
|Тумани Ванҷ
|Вилояти Ғарми Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро
|-
|1925-1926
|Ҷузъи тумани Қалъаихумб
|Вилояти Ғарми ҶМШС Тоҷикистон
|-
|1926-1930
|Волости Ванҷ
|Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
|-
|1930-1933
|Қисми ноҳияи Қалъаихумб
|Тобеияти бевоситаи ҶШС Тоҷикистон
|-
|29 майи 1933
|Ноҳияи Ванҷ (таъсиси мустақил)
|Тобеияти бевоситаи ҶШС Тоҷикистон
|-
|11 августи 1937
|Ноҳияи Ванҷ бо 6 деҳшӯро
|Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ)
|}
Дар нимаи солҳои 1950-ум сиёсати муҳоҷиркунонии аҳолии кӯҳистон ба водиҳои пахтакор ба Ванҷ низ бетаъсир намонд: соли 1954 сокинони водии Язғулом ба ноҳияи Куйбишеви водии Вахш кӯчонида шуданд. Гармои тоқатфарсо, беморшавии оммавӣ ва фавти зиёди кӯдакон ин муҳоҷиратро барои кӯчидагон фоҷиабор гардонд ва бахши зиёди онҳо тадриҷан ба зодгоҳи худ баргаштанд, ҳарчанд на ҳама; як ҷамоаи язғуломизабон то имрӯз дар водии Вахш боқӣ мондааст.<ref name="fn582">Из полевых записей середины прошлого века. Об экспедициях в язгулямский язык в 1950-х гг. (рус.) // Сомонаи Пажӯҳишгоҳи забоншиносии Академияи илмҳои Русия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn592">Язгулямский язык (рус.) // Экспедиции Московской школы полевой лингвистики. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn602">Астрономические знания язгулемцев (рус.) // Восток (Oriens). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Осори таърихӣ ==
Дар қаламрави Ванҷ мавзеъ, осор ва ёдгориҳои таърихии бисёр вуҷуд доранд, вале то ҳол таҳқиқоти шоистае дар ин росто анҷом наёфтааст. Тибқи омори соҳаи сайёҳии ВМКБ, дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ ба ҳолати соли 2024 15 ёдгории таърихию фарҳангӣ ба қайд гирифта шудааст.<ref name="fn642">Аз табиат ба санъати инсонӣ: 7 муъҷизаи нави ҷаҳонӣ номида шуд // Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30 марти 2024. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Барои дарки мантиқи ҷойгиршавӣ ва моҳияти ин осор, бояд заминаи таърихию сиёсии ташаккули онҳоро дарк намуд. Бино бар маълумоти таърихномаҳои асримиёнагӣ, дар садаҳои VII-VIII қаламрави кунунии Ванҷ ҷузъи вилояти таърихии Кумед буд, ки болооби дарёи Вахшро фаро гирифта, сарзамини имрӯзаи ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ва шимоли Бадахшонро дар бар мегирифт.<ref name="fn652">Таърихи Тоҷикистон // Википедиа. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Баъдтар, дар асрҳои миёна, Ванҷу Дарвоз як сарзамини воҳидро ташкил дода, бо номи ''«Курон»'' ёд мешуданд, ки маркази он деҳаи кунунии Кеврон будааст.<ref name="fn662">Таърихи шаҳр // Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Маҳз дар ин заминаи қадимии сиёсӣ, ки бо мустақилияти нисбии маҳаллӣ ва хатари доимии ҳуҷумҳои беруна тавсиф мешуд, эҳтиёҷ ба бунёди қалъаҳои мустаҳкам ба миён омад.
Пеш аз тавсифи муфассали Мушкетов, қадимтарин шаҳодати мустанади русиро дар бораи ин қалъа низ капитан Кузнецов дар гузориши соли 1892-и худ сабт кардааст. Ӯ зимни тавсифи амлокдории Ванҷ чунин навиштааст:
''«Ванчское амилякдарство расположено по р. Ванчъ и частью по правому берегу р. Пянджъ. Мѣстопребываніе амилякдара кишлакъ Кала-и-Рохарвъ (на нашихъ картахъ Кала-и-Ванчъ); имѣется небольшая крѣпостца.»''
Тарҷума: ''«Амлокдории Ванҷ дар канори дарёи Ванҷ ва қисман дар соҳили рости дарёи Панҷ ҷойгир аст. Маҳалли иқомати амлокдор рустои Қалъаи Рохарв аст (дар харитаҳои мо — Қалъаи Ванҷ); дар он қалъачаи хурде мавҷуд аст»''.<ref name="fn672">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 79.</ref>
Ин иттилои Кузнецов, ки бисту се сол пеш аз тавсифи муфассали Мушкетов сабт шудааст, собит месозад, ки номи ''«Қалъаи Ванҷ»'' барои Рохарв аллакай дар харитаҳои расмии охири асри XIX ба кор мерафт ва Рохарв аз ҳамон замон ҳамчун маркази маъмурии амлокдории Ванҷ шинохта мешуд.
Қалъаи Ванҷ дар баландии соҳили рости Ванҷоб, дар масофаи 15 км аз резишгоҳи он ба дарёи Панҷ воқеъ гашта буд. Мавқеъияти ин қалъа аз нигоҳи ҳарбию стратегӣ бисёр созгор будааст ва ба муҳофизонаш имкон медодааст, ки муддати тӯлонӣ аз худ дифоъ кунанд. Тавсифи илмии Рохарв ва қалъаи онро ҳанӯз соли 1916 узви Ҷамъияти ҷуғрофии Русия Д. И. Мушкетов интишор додааст.<ref name="fn510" /> Дар мақолаи худ, ки натиҷаи боздиди шахсии ӯст, Мушкетов мавқеи стратегии Рохарвро чунин тавсиф кардааст:
''«Административнымъ центромъ Ванча всегда былъ и есть базарный кишлакъ Рохаръ (или Рохарвъ) въ 40 дворовъ, расположенный на правомъ берегу рѣки, въ двадцати верстахъ выше ея устья, на высотѣ 5.950 футъ, у моста, ведущаго къ перевалу Гушхонъ, запирая собой, слѣдовательно, единственный конный путь на Язгулемъ, Рошанъ и Памиръ. Это важное стратегическое положеніе и было использовано древними правителями Ванча – «Шо», воздвигнувшими здѣсь крѣпость (Кала-и-Ванчъ) и избравшими ее для своей резиденціи.»''
Тарҷума: ''«Маркази маъмурии Ванҷ ҳамеша рустои бозории Рохар (ё Рохарв) буд ва то ҳол ҳамин аст – бо 40 хонавода, дар соҳили рости дарё, дар бисту версти болотар аз резишгоҳи он, дар баландии 5950 қадам, назди пуле, ки ба ағбаи Гушхон мебарад, ва бо ин васила ягона роҳи аспсаворро ба Язғулом, Рӯшон ва Помир мебандад. Маҳз ҳамин мавқеи муҳими стратегӣ буд, ки ҳокимони қадимии Ванҷ – «Шоҳ»-ҳо – истифода бурда, дар ин ҷо қалъа (Қалъаи Ванҷ) бино карданд ва онро барои худ қароргоҳ интихоб намуданд»''.<ref name="fn682">Мушкетов Д. И. Рохаръ (Кала-и-Ванчъ). --- Петроградъ: Типографія М. М. Стасюлевича, 1916. --- (Отдѣльный оттискъ изъ тома LII (1916 г.) Извѣстій Императорскаго Русскаго Географическаго Общества № 876). --- С. 7.</ref> Мушкетов инчунин интихоби маҳалли қалъаро аз нигоҳи амниятӣ шарҳ додааст:
''«Мѣсто выбрано весьма хорошо и удобно, на возвышеніи, съ котораго открытый видъ во всѣ стороны, и долина Ванча, какъ на ладони; рѣка отъ стѣнъ крѣпости въ 3 қулочяхъ, но для обезпеченности водоснабженія имѣлся къ ней подземный ходъ; невдалекѣ, на луговинѣ у рѣки, имѣется прудикъ, наполняемый ключемъ теплой, солоноватой воды, предоставляющій идеальное купанье.»''
Тарҷума: ''«Ҷой хеле хуб ва мувофиқ интихоб шудааст, дар баландие, ки аз он манзараи кушода ҳар тараф дида мешавад ва тамоми водии Ванҷ мисли кафи даст намоён аст; дарё аз деворҳои қалъа дар масофаи 3 қулочӣ ҷой дорад, вале барои таъмини бехатари обтаъминкунӣ роҳи зеризаминӣ ба он вуҷуд дошт; дар наздикӣ, дар марғзори лаби дарё, ҳавзчае ҳаст, ки аз чашмаи оби гарму намакини он пур мешавад ва барои шиноварии беҳамто мувофиқ аст»''.<ref name="fn682" /> Дар бораи сохти худи қалъа Мушкетов навиштааст:
''«Постройка, конечно, глинобитная, но довольно массивная, со стѣнами до 4 қулочей высотой, обнесенными съ трехъ сторонъ рвомъ, съ бойницами и пятью угловыми башнями. Внутреннія перегородки частью деревянныя, равно какъ и колонны, балки и двери, тонкой, старинной рѣзной работы.»''
Тарҷума: ''«Бино, албатта, гилину похсагин, валекин бисёр мустаҳкаму матин аст, бо деворҳои баланди чаҳорқулоча, ки аз се сӯйи он, хандақе бар гирди он кандаанд, бо тиркашҳову бурҷҳои панҷгонаи кунҷӣ. Деворҳои миёнгини дохилӣ, қисман, чӯбинанд, ҳамчунин, сутунҳову болорҳову дарҳои он, ки бо кандакории нафису куҳан оростаанд»''.<ref name="fn682" />
Мушкетов санаи боздиди худ ва оғози кашидани нақшаи қалъаро низ қайд кардааст: ''«Многое уже разрушено (мое посѣщеніе относится къ 11 іюля 1905 г.), но общее расположеніе еще сохранилось и я, пользуясь обстоятельными поясненіями почтеннаго шейха-токсабы Ванча, снялъ планъ всей крѣпости»'' (тарҷума: ''«Бисёр чиз аллакай хароб шудааст (боздиди ман ба 11 июли соли 1905 рост меояд), вале тартиби умумӣ то ҳол нигоҳ дошта шудааст ва ман, бо истифода аз тавзеҳоти муфассали шайх-тӯксабои эҳтиромноки Ванҷ, нақшаи тамоми қалъаро кашидам»'').<ref name="fn682" />
Нақшаи қалъа, ки Мушкетов кашидааст, 27 ҳуҷраву қисми қалъаро бо рақам нишон медиҳад, ки шарҳи онҳо чунин аст:<ref name="fn682" />
Ур - обдорхона
Дарвозахона – ҳуҷраи нигаҳбонону дарбонон
Ҳуҷраи навкарҳо
Бадарравхона – ҳоҷатхона
Долон – ҳавлии аспҳо
Ахтахона – оғилхона, ва болои он анборхонаи алаф
Пештоқ – гузаргоҳи пӯшида
Фаррошхона – ҳуҷраи сайисон
Пештоқи дуюм (баландии 3 қулоч)
Гулгунхона – ҳуҷраи пазириши меҳмонон
Ҳуҷраи худи шоҳ
Қӯрғон – сарбозхона (харобшуда)
Ғуломгардиш – долони мамониаткунандаи дидани занони дар боғ гардандагӣ
Ошхона – ошхона
Роҳрав – долон
Ғуломгард – гузаргоҳ ба қисми занона
Хазина – ҳуҷраи хазинадорӣ
Ҳаммом – ҳаммом
Пештоқи занона
Ҳуҷраи зани шоҳ – тобистона
Ҳуҷраи зани шоҳ – зимистона
Тӯпхона – манора
Рӯйи ҳавлӣ – ҳавлии пӯшида
Ҳарам (харобшуда)
Анборхона (болои ҳуҷраи 16)
Манора – ҳоло ҳуҷраи меҳмонон – меҳмонхона
Оғози роҳи зеризаминӣ ба сӯи дарё
Дар масофаи як версти болотари Рохар, дар канори роҳ, Мушкетов ду гӯри қадимиро низ ба қайд гирифтааст: ''«Въ верстѣ выше Рохара по долинѣ, около дороги, двѣ древнихъ гробницы съ фигурными стѣнами, имѣющими какое-то отношеніе къ крѣпости; интересно, что на могильномъ шестѣ, помимо обычныхъ куска матеріи и конскаго хвоста (на боковой перекладинѣ), сверху помѣщены изображенія сложенной руки (ладони) и голубя»'' (тарҷума: ''«Дар як версти болотар аз Рохар, дар паҳлӯи роҳ, ду гӯри қадимӣ бо деворҳои нақшдор ҳастанд, ки бо қалъа алоқаи муайяне доранд; ҷолиб ин аст, ки бар болои чӯби қабр, ба ғайр аз пораи матоъ ва думи асп (дар чӯби паҳлӯӣ)-и маъмулӣ, тасвири дасти гирдкардашуда (кафи даст) ва кабутар низ гузошта шудааст»'').<ref name="fn682" />
Ба ғайр аз ин, Мушкетов дар поварақи худ ёдовар шудааст, ки ягона роҳи воридшавӣ ба водӣ аз тарафи Панҷ низ бо қалъаи хурди дигаре мустаҳкам карда шуда буд: ''«Этотъ единственный выходъ кромѣ того очень искусно былъ загражденъ небольшой крѣпостцей, остатки которой еще видны на изолированномъ холмѣ въ устьѣ Ванча»'' (тарҷума: ''«Ин ягона баромадгоҳ аст, илова бар ин, хеле моҳирона бо қалъачаи хурде масдуд шуда буд, ки бақоёи он то ҳанӯз дар теппаи ҷудоуфтодаи резишгоҳи Ванҷ ҳувайдоанд»'').<ref name="fn692">Мушкетов Д. И. Рохаръ (Кала-и-Ванчъ). --- Петроградъ, 1916. --- Тавзеҳот, №4.</ref>
Тибқи мушоҳидаи ӯ, қалъа бевосита дар масири корвонрав ба сӯи ағбаи Гишхун қарор дошт, ки тавассути он роҳи корвонӣ ба водии Язғулом ва аз он ҷо ба самти баландкӯҳҳои Помир мерасид.<ref name="fn702">Долина реки Ванч // Свободный туризм (poxod.ru). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Пеш аз он ки Мушкетов худ соли 1905 аз қалъа боздид кунад, тавсифи мухтасартаре аз он – тахминан 13 сол пештар – аллакай ба қалами А. А. Семёнов тааллуқ дошт, ки соли 1898 шахсан аз қалъа дидан кардааст:
''«Въ низовьи р. Ванджа лежитъ самый значительный кишлакъ долины, Кал'аи-Ванджъ, или Кал'аи-Рохарвъ (крѣпость Ванджа, крѣпость Рохарвъ). Укрѣпленіе въ немъ до сихъ поръ на обрывистомъ берегу довольно хорошо сохранилось. Стѣны крѣпости–мѣстами глинобитныя, мѣстами сложены изъ кирпичей и камней. По бокамъ лицевой стороны крѣпости–двѣ полуразрушенныхъ зубчатыхъ башни.»''
Тарҷума: ''«Дар поёноби рӯди Ванҷ бузургтарин рустои водӣ ҷойгир аст – Қалъаи Ванҷ, ё Қалъаи Рохарв (қалъаи Ванҷ, қалъаи Рохарв). Истеҳкоми он то ба имрӯз дар соҳили баланди дарё нисбатан хуб нигоҳ дошта шудааст. Деворҳои қалъа ҷо-ҷо аз гил, ҷо-ҷо аз хишти пухтаву санг сохта шудаанд. Аз ду тарафи рӯи қалъа ду манораи нимвайрони дандонадор қарор доранд»''.<ref name="fn712">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 8.</ref> Муҳимтар аз ҳама, Семёнов санаи тахминии бунёди қалъа ва номи бинокори онро сабт кардааст – маълумоте, ки то кунун дар ягон манбаи дигари дастраси мақола наомадааст:
''«Крѣпость, по преданію, была построена лѣтъ двѣсти тому назадъ дарвазскимъ ханомъ, Азиз-Ханомъ, и, вѣроятно, не разъ служила хорошую службу ея защитникамъ во времена независимаго Дарваза. Теперь въ ней живетъ амлякдаръ (начальникъ округа) долины Вандж.»''
Тарҷума: ''«Қалъа, тибқи ривоят, тахминан дусад сол пеш аз ҷониби хони дарвозӣ – Азиз-Хон – бино ёфтааст ва эҳтимол, борҳо ба муҳофизони худ дар давраи истиқлолияти Дарвоз хидмати шоиста кардааст. Ҳоло дар он амлокдор (сарвари ноҳия, яъне шоҳ)-и водии Ванҷ зиндагӣ мекунад»''.<ref name="fn722">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 8--9.</ref> Азбаски китоб соли 1903 нашр шуда ва мушоҳидаи муаллиф соли 1898 сурат гирифтааст, ин ривоят санаи бунёди қалъаро тахминан ба солҳои 1698-1700 рабт медиҳад.
Семёнов инчунин ду навиштаи девории қалъаро айнан нусхабардорӣ кардааст: як байти форсӣ дар бораи гардиши бераҳмонаи рӯзгор, ва як ёдгории русии сайёҳони соли 1896 – ''«Прибылъ разъѣздъ 25 числа августа за старшаго общивкй Яковъ. Черновъ. и джигить Николай Каплун и перевочикъ Ашурбай. 1896 года»'' (тарҷума: ''«Гурӯҳи саворагон 25 августи соли 1896 омаданд: сардор Яков Чернов, ҷигит Николай Каплун ва тарҷумон Ашурбой»'').<ref name="fn722" />
Гумон меравад, ки дар тамоми ҳавзаҳои Бадахшон сукунати одамон ба як давраи таърихӣ мансуб будааст. Ёдгориҳои манзилӣ ва меъмориву мудофеавии асримиёнагии ғарби Бадахшон, ки дар деҳаи Баравни ҷамоати деҳоти Водхуд воқеанд ва аз ҷиҳати амнияти ҳарбӣ бисёр муносибу побарҷоянд, бо камоли таассуф, то кунун таҳқиқи шоиста нашудаанд.
Нақшу нигораҳои рӯйи харсангҳои водии Язғулом, ки дар деҳаҳои Жамаг, Андарбоғ ва Мотравн ба даст омадаанд, агарчи ҳанӯз комилан омӯхта нашудаанд, гувоҳи муътамаде аз ҳузури мардум ва сукунати онон аз замонҳои бостонӣ дар ин минтақа ҳастанд. Дар байни ин сангнигораҳо, ки ба навъи умумии петроглифҳои Помиру Бадахшон шабоҳат доранд, тасвири нахчир (бузи кӯҳӣ бо шохҳои калон), саҳнаҳои шикор бо камон, рамзҳои офтобӣ ва изи дасту пойи инсон бештар вомехӯранд; дар мифологияи мардумони эронитабор бузи кӯҳӣ рамзи покиву ҳосилхезӣ ва иртибот бо олами боло дониста мешавад.<ref name="fn642" />
Дар қаламрави Ванҷ, ба монанди дигар минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон, сағонаҳо ва дахмаҳои сангии куҳан низ аз насл ба насл боқӣ мондаанд, ки далели ошкори таърихи чандҳазорсолаи ин сарзамин мебошанд. Чунин иншооти дафнӣ, ки дар ҷойҳои махсуси сангӣ, дар баландиҳо ё ғорҳо бунёд меёфтанд, эҳтимолан боқимондаи анъанаҳои дафнии пешазисломӣ мебошанд; тибқи баъзе оинҳои қадими маҳаллӣ (аз ҷумла эътиқодоти наздик ба дини зардуштӣ), ҷасади фавтида набояд бо унсурҳои муқаддаси табиат – хок, об ё оташ – тамос мегирифт.<ref name="fn642" /> Ҳарчанд имрӯз тамоми аҳолии ноҳия мусулмони суннии ҳанафимазҳабанд ва расму оини дафни исломиро ба таври қатъӣ риоя мекунанд, мавҷудияти ин сағонаву дахмаҳо аз як давраи гузариши тӯлонии фарҳангӣ ва қабатҳои гуногуни динию эътиқодӣ дар минтақа хабар медиҳад.
Ёдгориҳои бостонии Помири Ғарбӣ, аз ҷумла мавзеъҳои қаламрави Ванҷ, дар силсилаи бунёдии ''«Харитаи бостоншиносии Тоҷикистон»'' – муҷаллади марбут ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки бостоншинос М. А. Бубнова таълиф намудааст ва ёдгориҳои давраи сангро то садаи XX фаро мегирад, – ба қайд гирифта шудаанд.<ref name="fn732">Бубнова М. А. Горно-Бадахшанская автономная область. Западный Памир (памятники каменного века --- XX в.). --- Душанбе, 2008. --- (Археологическая карта Таджикистана).</ref>
Илова бар ёдгориҳои меъморӣ ва дафнӣ, мероси беназири саноатии Ванҷ – боқимондаҳои кӯраҳои қадимии оҳангудозӣ (домнитсаҳо) – низ бахши муҳими осори таърихии ноҳия ба шумор мераванд. Тибқи маълумоти иқтисоддон И. Е. Ходоров, ки соли 1929 таҳлилҳои М. С. Андреевро дар бораи ин ҳунар тасдиқ ва иқтибос овардааст, дар боварҳои мардумии ванҷиён металли ҳосили ин кӯраҳо на танҳо арзиши истеҳсолӣ, балки хосияти шифобахш низ дошт: маҳсули онро ''«барои табобати ҳар гуна бемориҳо пешбинӣ карда, ба ҷойи дардманд мегузоштанд»''.<ref name="fn522" /> Ин боварҳо нишон медиҳанд, ки осори саноатии Ванҷ бо мероси ғайримоддӣ ва эътиқодоти мардумӣ пайванди зич доштааст, ва имрӯз боқимондаҳои ин кӯраҳо, харобаҳои коргоҳҳо ва партовҳои маъданӣ (шлакҳо) дар дараҳои Ванҷ метавонанд ҳамчун мавзеи нодири ''«бостоншиносии саноатӣ»'' мавриди пажӯҳиши минбаъда қарор гиранд.
Сарчашмаи аввалини сабти илмии ин ҳунар – 23 сол пеш аз рисолаи Андреев (1926) – низ ба Семёнов тааллуқ дорад:
''«Богатыя залежи желѣзной руды въ верховьяхъ р. Ванджа даютъ горцамъ Ванджской долины неисчерпаемый матеріалъ для различнаго рода желѣзныхъ издѣлій, которыя удовлетворяютъ самымъ разнообразнымъ требованіямъ домашняго обихода горныхъ таджиковъ и потому расходятся изъ этой огромной кузницы, какова долина Ванджа, по всему Дарвазу, Каратегину и Язгуляну, проникая даже въ отдаленные и трудно достижимые уголки Рошана, Шугнана и Вахана.»''
Тарҷума: ''«Захираҳои фаровони маъдани оҳан дар болооби рӯди Ванҷ ба кӯҳистониёни водии Ванҷ маводи беохири намудҳои гуногуни маснуъоти оҳанӣ медиҳанд, ки эҳтиёҷоти гуногуни рӯзгори тоҷикони кӯҳӣ қонеъ мегардонанд ва аз ин кӯрахонаи азим, яъне водии Ванҷ, ба тамоми Дарвозу Қаротегину Язғулом паҳн мешаванд, ҳатто ба гӯшаҳои дурдасту дастнораси Рӯшону Шуғнону Вахон низ ворид мегарданд»''.<ref name="fn742">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 62.</ref>
Семёнов инчунин номи мушаххаси деҳаеро сабт кардааст, ки дар он раванди коркарди оҳанро шахсан мушоҳида намудааст: ''«Самый способъ добыванія желѣза намъ пришлось наблюдать во кишлакѣ Сытаргъ, на Ванджѣ»'' (тарҷума: ''«Худи усули истихроҷи оҳанро мо тавонистем дар рустои Старғ, дар Ванҷ, мушоҳида кунем»'').<ref name="fn742" /> Ӯ ҳамчунин тавсифи мубодилаи тиҷоратии маснуоти оҳании Ванҷро бо минтақаҳои ҳамсоя овардааст: ''«Эти издѣлія находять большой сбыть на рынкахъ Кал'аи-Хума и въ сосѣднихъ долинахъ: Язгуляна и Оби-Хингоу, причемъ продажа на деньги совершается очень рѣдко; обыкновенно вещи мѣняются на тѣ, которыя необходимы таджикамъ Ванджа»'' (тарҷума: ''«Ин маснуъот дар бозорҳои Қалъаи Хум ва водиҳои ҳамсоя – Язғулому Оби Хингов – фурӯши хубе меёбанд, вале фурӯш ба пул хеле кам сурат мегирад; одатан молҳо ба он чизҳое иваз мешаванд, ки барои тоҷикони Ванҷ зарур аст»'').<ref name="fn752">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 64.</ref>
== Мардум ==
Аксарияти аҳолии ноҳия тоҷиконанд; инчунин теъдоди ангуштшумори русҳо ва намояндагони халқҳои дигар низ зиндагӣ мекунанд. Аҳолии ноҳия аз рӯи диёнат мусулмони суннии ҳанафимазҳабанд.<ref name="fn139" />
Мардумшиноси рус Л. Ф. Моногарова дар пажӯҳиши бунёдии худ доир ба таркиби қавмии ВМКБ, дар бораи гузаштаи қавмии ванҷиён чунин навиштааст:
''«В прошлом из припамирских народностей наиболее тесно соприкасались с горными таджиками ванчцы (правильнее ванджи), коренное население долины р. Ванч (Вандж), входившей в Бухарский эмират. Духовенство эмирата проводило насильственное обращение в суннизм всех, исповедовавших другую религию. Под влиянием суннитской идеологии у ванчцев изменились общественные и семейные взаимоотношения, моральные нормы, бытовой уклад в целом. Постепенное экономическое и культурное сближение ванчцев с таджиками привело к утрате ванчцами своего родного языка, замене его таджикским (ванчским или ванджским говором таджикского языка), а в конечном итоге к слиянию ванчцев с таджиками. Население остальных районов республики считает ванчцев таджиками. «Судя по некоторым признакам, „ванджский язык“, входя в северную подгруппу памирских языков, наиболее тесно примыкал к язгулемскому языку» [32, 131].»''
Тарҷума: ''«Дар гузашта, аз миёни халқиятҳои помирӣ, ванҷиён (дурусттараш — ванҷӣ), аҳолии бумии водии дарёи Ванҷ (Вандж), ки ҷузъи аморати Бухоро буд, бештар аз ҳама бо тоҷикони кӯҳистонӣ дар тамос буданд. Рӯҳониёни аморат нисбат ба ҳамаи пайравони дигар эътиқодҳо табдили ҷабрии мазҳаби суннӣ мегузарониданд. Таҳти таъсири мазҳаби суннӣ дар байни ванҷиён муносибатҳои ҷамъиятиву оилавӣ, меъёрҳои ахлоқӣ ва тарзи зиндагӣ дар маҷмуъ тағйир ёфтанд. Наздикшавии тадриҷии иқтисодиву фарҳангии ванҷиён бо тоҷикон боиси аз даст рафтани забони модарии ванҷиён гардид: он бо забони тоҷикӣ (гӯиши ванҷии забони тоҷикӣ) иваз шуд ва дар ниҳоят ба омезиши ванҷиён бо тоҷикон анҷомид. Аҳолии дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ ванҷиёнро тоҷик мешуморанд. «Бино бар баъзе аломатҳо, „забони ванҷӣ“, ки ба зершохаи шимолии забонҳои помирӣ дохил мешуд, аз ҳама наздиктар ба забони язғуломӣ буд» [32, 131].»''.<ref name="fn154">Моногарова Л. Ф. Этнический состав и этнические процессы в Горно-Бадахшанской автономной области Таджикской ССР // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 185–186.</ref>
Дар бораи мазорҳои муқаддаси эҳтиромшавандаи Ванҷ дар охири асри XIX, капитан Кузнецов чунин сабт кардааст:
''«Населеніе Дарвоза не отличается особой набожностью и имѣетъ весьма малое число молитвенныхъ домовъ–мечетей, по за то въ Дарвозѣ есть нѣсколько могилъ святыхъ, весьма почитаемыхъ жителями. Наибольшимъ почитаніемъ отличаются могилы: Хазретъ-и-Бурхъ на р. оби-Мазаръ, Пой-Мазаръ-Хазретъ-Садыръ-Сеибъ въ верховьяхъ р. Ванчъ и Ходжа-и-Миратбашъ-Султанъ-Сеидъ на сѣверномъ склонѣ Дарвозскихъ горъ, противъ кишлака Кальпъ.»''
Тарҷума: ''«Аҳолии Дарвоз бо диндории хосае фарқ намекунад ва шумораи хонаҳои ибодат — масҷидҳо — дар он хеле кам аст, вале дар ивазаш, дар Дарвоз якчанд мазори авлиё ҳаст, ки сокинон онҳоро сахт эҳтиром мекунанд. Бештарин эҳтиромро мазорҳои зерин доранд: Ҳазрати Бурх дар канори дарёи оби-Мазор, дар Пойи Мазор - ҳазрати Садр-соҳиб дар болооби дарёи Ванҷ ва Хоҷаи Муродбошӣ Султонсаъид дар нишеби шимолии кӯҳҳои Дарвоз, рӯ ба рӯи рустои Калп»''.<ref name="fn762">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 65.</ref>
Бар асоси омори саршумории саросарии Иттиҳоди Шӯравӣ аз соли 1939, аҳолии Ванҷ 9218 нафар буд: 9031 нафарашон ванҷиёни бумӣ, 134 нафар – рус, 6 нафар – тотор, 5 нафар – узбак ва 1 нафар – қазоқ.<ref name="fn772">Всесоюзная перепись населения 1939 года. Национальный состав населения районов, городов и крупных сёл союзных республик СССР: Ванчский район (рус.) // Демоскоп Weekly. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Бино ба омори соли 1979 аҳолии Ванҷ 15 855 нафар ва тибқи омори 1992 – 22 700 нафарро ташкил медод. Тибқи маълумоти расмӣ, соли 2009 дар ноҳия 30 700 нафар зиндагӣ мекард ва тамоми аҳолии он деҳотист.<ref name="fn310" /> Тибқи омори соли 2024 аҳолии Ванҷ ба 35 400 нафар расид. Бар асоси муқоисаи ин ду омор метавон чунин натиҷагирӣ кард, ки тайи 85 сол суръати миёнаи афзоиши солонаи аҳолии Ванҷ тақрибан 1,6 % будааст. Мардуми водии Язғулом ҳиссаи назарраси аҳолии ноҳияро ташкил медиҳанд.
Азбаски беш аз 90 дарсади масоҳати умумии ноҳия (4430,5 км²)-ро лозурҳо, қуллаҳои баландкӯҳ ва нишебиҳои санглохи корношоям фаро мегиранд, зичии расмии аҳолӣ (тақрибан 7,7-8 нафар дар як километри мураббаъ) манзараи воқеии ҷойгиршавии аҳолиро пурра инъикос намекунад – амалан тамоми сокинон дар як рахи танги қад-қади дарёҳои Ванҷобу Язғулом мутамарказ шудаанд.<ref name="fn310" /> Ин номутаносибии шадид миёни рушди табиии аҳолӣ ва маҳдудияти мутлақи заминҳои корам (соли 2012 ҳамагӣ 1381 гектар, баъдан бо азхудкунии заминҳои нав ба 2601 гектар расида)<ref name="fn310" /> яке аз сабабҳои асосии муҳоҷирати меҳнатии ноҳия маҳсуб мешавад (ниг. бахши ''«Муҳоҷирати меҳнатӣ»'').
{| class="wikitable"
|+Ҷадвали 3. Динамикаи шумораи аҳолӣ (ҳазор нафар), 1939-2013
!сол
!1939
!1979
!1992
!1995
!2000
!2002
!2003
!2004
!2005
!2006
!2007
!2008
!2009
!2011
!2012
!2013
|-
|шумора
|9,2
|15,9
|22,7
|28,4<ref name="fn472" />
|28,5<ref name="fn472" />
|28,3<ref name="fn472" />
|29,9<ref name="fn472" />
|30,1<ref name="fn472" />
|28,8<ref name="fn472" />
|30,3<ref name="fn472" />
|33,4<ref name="fn472" />
|29,7<ref name="fn472" />
|30,7<ref name="fn310" />
|30,8
|31,1
|31,3
|}
{| class="wikitable"
|+Ҷадвали 4. Динамикаи шумораи аҳолӣ (ҳазор нафар), 2014-2024
!сол
!2014
!2015
!2016
!2017
!2018
!2019
!2020
!2021
!2022
!2023
!2024
|-
|шумора
|31,7
|31,9
|32,4
|32,9
|33,6<ref name="fn782">Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2019 года. Сообщение Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан (рус.).</ref>
|34,1<ref name="fn782" />
|34,4<ref name="fn792">Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2020 года (рус.) // Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
|34,1
|34,4
|35,1
|35,4
|}
Барои солҳои 1995-2008 омори мазкур (арзиши ''«умумӣ»'', яъне аҳолии доимии сабтшуда) бар асоси таҳлили муфассали демографии Р. Масов ва Ҳ. Пирумшоев дар ''«Файзи истиқлол дар "Боми ҷаҳон"»'' (Душанбе, 2011, саҳ. 362-363) илова карда шуд. Барои солҳои 1992 ва 2009 бошад, бо мақсади нигоҳ доштани пайдарпаии рақамҳои аллакай сабтшуда аз сомонаи расмии badakhshon.tj, арзиши аслии қаблӣ боқӣ монд.
=== Фарҳанги моддӣ: либоси анъанавӣ ===
Дар шароити сарди кӯҳистони Ванҷу Бадахшон, дар гузашта истифодаи матоъҳои пашмину чармӣ бартарӣ дошт ва мероси бофандагии маҳаллӣ ба истеҳсоли матоъҳои худӣ бо рангҳои табиии гиёҳии кӯҳӣ асос меёфт.<ref name="fn802">Таҳқиқоти этнолингвистии лексикаи гӯйиши тоҷикони водии Ғорон // Диссертатсия. Санҷида шуд 24 июли 2026.</ref> Либоси занонаи суннатӣ асосан аз курта, эзор, пойафзол, сарбанд ва ороишоти гуногун иборат буд; таърихан ду намуди курта маъмул буд – куртаи якқади камартангу доманвасеъ, ки пиразанон мепӯшиданд, ва куртаҳои камзулчадор бо гиребони буғак (уфуқӣ буридашуда бо зеҳгулу гулдӯзӣ), ки духтарону арӯсон ба бар мекарданд.<ref name="fn812">Либоси миллии тоҷикон // Википедиа. Санҷида шуд 24 июли 2026.</ref> Дар минтақаи Бадахшон, аз ҷумла Ванҷу Язғулом, унсурҳои хоси либоси кӯҳистонӣ – тоқии мудаввар бо нақшҳои гулдӯзии дақику пӯпак ва ҷӯробҳои ғафси пашмин бо нақшҳои ҳандасии бисёрранг (нақши офтоб, шохи қӯчқор, чалипо ва ғайра) – то имрӯз аҳамияти худро гум накардаанд.<ref name="fn812" />
=== Фарҳанги моддӣ: манзил ва хоҷагии деҳот (тибқи маълумоти асри XIX) ===
Тавсифи қадимтарини хусусиятҳои хоси манзилу хоҷагии Ванҷ ба А. А. Семёнов (1898) тааллуқ дорад. Ӯ анборчаҳои хоси болои сутунро ба қайд гирифтааст: ''«На Ванджѣ и мѣстами по Пянджу встрѣчаются подъ хижинъ еще небольшіе, съ плоскими крышами, амбарчики (амбаръ) для хлѣба и разнаго скарба... они воткнуты надъ землею на четырехъ (подъ углами) камняхъ или столбахъ»'' (тарҷума: ''«Дар Ванҷ ва ҷо-ҷо дар Панҷ, наздики хонаҳо анборчаҳои хурди боми ҳамвор (амбор) барои нону дигар молу ашё вомехӯранд... онҳо болои замин, бар чор санг ё сутуни чоркунҷа гузошта шудаанд»'').<ref name="fn822">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 34.</ref>
Дар бораи нақшу нигори деворҳои хонаҳои Ванҷ низ маълумот овардааст: ''«По Сурхобу и Хингобу, Ванджу и Пянджу на стѣнахъ многихъ хижинъ попадаются и орнаменты въ видѣ пятенъ, различныхъ безпорядочныхъ линій или же въ видѣ дѣтски намалеванныхъ фантастическихъ деревьевъ»'' (тарҷума: ''«Дар канори Сурхобу Хингов, Ванҷу Панҷ дар деворҳои бисёр хонаҳо нақшу нигор ба шакли доғ, хатҳои бетартиби гуногун ё дарахтони хаёлии кӯдакона кашидашуда вомехӯранд»'').<ref name="fn832">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 36.</ref>
Хонаи тобистонаи хоси Ванҷ (''«чолёб»'') низ дар ин асар қайд шудааст: ''«По Ванджу и отчасти на Пянджу, кромѣ описанныхъ зимнихъ помѣщеній, встрѣчаются еще спеціальныя лѣтнія жилища (чолѣбъ), чего нѣтъ нигдѣ въ прочихъ мѣстахъ»'' (тарҷума: ''«Дар Ванҷ ва қисман дар Панҷ, ба ғайр аз хонаҳои зимистонаи тавсифшуда, боз хонаҳои махсуси тобистона (чолёб) вомехӯранд, ки дар ҷойҳои дигар вуҷуд надоранд»'').<ref name="fn842">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 44.</ref>
Ниҳоят, Семёнов камбизоатии заминҳои Ванҷ ва такягоҳи мардум ба дарахти туг (мевадиҳандаи табиъӣ)-ро тавсиф кардааст: ''«Мѣстами, какъ, напримѣръ, на Вахіо, на Ванджѣ и въ Дарвазъ по Пянджу, гдѣ природа бѣдна и преобладаетъ каменистая почва... существованіе населенія находится въ тѣсной зависимости отъ тута»'' (тарҷума: ''«Дар баъзе ҷойҳо, масалан дар Ваҳё, дар Ванҷ ва дар Дарвози канори Панҷ, ки табиат камбизоату хоки санглох бартарӣ дорад... мавҷудияти аҳолӣ ба тут вобастагии зич дорад»'').<ref name="fn852">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 56.</ref>
Дар ҳамин китоб, ду намунаи фолклори мардуми Ванҷ низ бори аввал сабт гардидаанд: масали ''«Инсон ва Мор»'' ва ҳикояи ''«Писари вазир»'', ки ҳарду аз забони як шахси мушаххас – Соҳибназар аз деҳаи Техарви болооби Ванҷ – навишта шудаанд: ''«Записано со словъ Сохиб-Назара, изъ кишлака Техарвъ, въ верховьяхъ р. Ванджа въ Дарвазѣ»'' (тарҷума: ''«Аз забони Соҳибназар, аз рустои Техарв, аз болооби рӯди Ванҷ дар Дарвоз, сабт шудааст»'').<ref name="fn862">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 99--100.</ref>
=== Расму оинҳои мотамӣ ===
Маросимҳои марбут ба давраҳои муҳими зиндагии инсон, аз ҷумла маросими мотаму дафн, дар Ванҷу Язғулом хусусиятҳои бениҳоят куҳан ва омехта аз эътиқодоти пешазисломию исломӣ (синкретӣ) то ба имрӯз нигоҳ доштаанд; ин расмҳо аз ҷониби мардумшиносони барҷаста, аз ҷумла М. С. Андреев, И. Л. Моногарова ва А. З. Розенфелд, мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд.<ref name="fn872">Расму оин ва анъанаҳо дар рӯзгори мардуми тоҷик мавқеи муҳим доранд // АМИТ ''«Ховар»'', сентябри 2017. Санҷида шуд 24 июли 2026.</ref> Дар ҷаҳонбинии мардуми кӯҳистон марг на анҷоми мутлақ, балки гузариш ба дунёи дигар ва оғози сафари нави рӯҳ дониста мешавад. Аз ҷумла, агар марҳум ҷавон бошад, барои гусели ӯ тобути махсусе бо матоъҳои равшану рангоранг (на сиёҳ) омода мекунанд, ки бо номи ''«гаҳвораи ноз»'' маъруф аст – ташбеҳи мустақими марг бо таваллуди дубора дар олами дигар, ки Розенфелд онро расми хеле куҳан ва боқимонда аз тасаввуроти бостонии мардуми ориёӣ арзёбӣ кардааст.<ref name="fn872" />
=== Айлоқравӣ ва расму оинҳои кишоварзӣ ===
Иқтисодиёти суннатии мардуми Ванҷ ба ду унсури ба ҳам вобаста – кишоварзӣ дар водиҳои танги поёнӣ ва чорводорӣ дар чарогоҳҳои баландкӯҳӣ – такя мекунад. Ҳар сол дар аввали тобистон, вақте ки заминҳои поёнӣ барои кишти ғалла, картошка ва сабзавот истифода мешаванд, раванди муҳоҷирати мавсимии подаи чорво ба чарогоҳҳои тобистонаи баландкӯҳ, ки бо номи ''«айлоқ»'' маъруф аст, оғоз мегардад.<ref name="fn872" /> Хусусияти ҷолиби ин кӯчиш дар он аст, ки қариб тамоми аҳли деҳа, бахусус занону кӯдакон, дар як рӯзи муайяншуда дастаҷамъӣ ба айлоқ мераванд, дар ҳоле ки қисме аз мардон дар деҳа мемонанд, то корҳои саҳроӣ ва обёрии заминро анҷом диҳанд.
Дар айлоқҳо занон тамоми тобистон машғули ҷӯшидани шир, тайёр кардани маска, равғани зард, дӯғу мосту тарфу ва қурут мешаванд.<ref name="fn872" />
== Забон ==
Мардуми Ванҷ бо гӯиши ванҷии забони тоҷикӣ сухан мегӯянд. Дар водии Язғулом бошад, яке аз забонҳои помирӣ – забони язғуломӣ роиҷ аст.
Лаҳҷаи ванҷии забони тоҷикӣ дар водии Ванҷ аз нимаи дуюми асри XIX густариш ёфта, забони бумии помириро, ки бо номи ванҷӣ маъруф буд, дар поёни ҳамин аср аз байн бурд. Забони ванҷӣ наздиктарин хеши забони язғуломӣ буда, ба гурӯҳи ''«шимолии»'' забонҳои помирӣ дар қатори язғуломӣ ва (эҳтимолан) саргуломӣ дохил мешуд. Мутахассисон аз байн рафтани онро ба охири асри XIX нисбат медиҳанд; мардумшиносон дар ибтидои асри XX аз ин забон танҳо чанд даҳ вожаро сабт карда тавонистаанд.<ref name="fn882">Памирские языки (рус.) // Лингвистический энциклопедический словарь. --- М.: Советская энциклопедия, 1990.</ref><ref name="fn892">Памирские языки (рус.) // Большая российская энциклопедия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Лаҳҷаҳои ванҷии забони тоҷикӣ мавзӯи таҳқиқи бунёдии эроншиноси рус А. З. Розенфелд гардидаанд, ки соли 1964 дар Ленинград монографияи махсуси ''«Ванджские говоры таджикского языка»''-ро дар ҳаҷми 151 саҳифа ба табъ расонидааст.<ref name="fn902">Розенфельд А. З. Ванджские говоры таджикского языка / ЛГУ им. А. А. Жданова. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- 151 с.</ref> Дар гуфтугӯи мардуми Ванҷ ҷӯйборҳои лозурӣ, ки деҳаҳо дар канораи онҳо бино ёфтаанд, ''«даргов»'' номида мешаванд; ба ақидаи Ҳ. Пирумшоев, ин вожа гунаи тағйирёфтаи ибораи ''«даргоҳи об»'' аст.<ref name="fn210" /> Аммо дуруст он аст, ки аслаш дарагоб/дараоб (обе ки аз дара меояд) аст, зеро дар форсии миёна "дара" "дараг" навишта ва талаффуз мешудааст.
Бархе донишмандони рус, монанди И. И. Зарубин, А. З. Розенфелд ва дигарон, назарияеро дар бораи вуҷуди куҳанзабони ванҷӣ (русӣ: старованджский язык) ироя кардаанд, ки тибқи он ин забон тақрибан дусад сол пеш аз байн рафта, гӯиши кунунии ванҷӣ ҷойгузинаш шудааст. И. И. Зарубин дар ин маврид мегӯяд:
"Забони куҳнаи ванҷӣ дар водии Ванҷ (шохоби рости Панҷ) ва саргуломӣ дар болооби дарёи Саргулом, дар шарқи вилояти Файзободи Афғонистон ривоҷ дошт. Тақрибан дусад сол пеш лаҳҷаҳои тоҷикӣ ҷои онҳоро гирифтанд".
Забоншинос Т. Н. Пахалина дар баррасии муқоисавии забонҳои помирӣ, забони ванҷиро дар силсилаи забонҳои помирӣ чунин ҷой додааст:
''«Ванджский язык, известный в настоящее время по небольшому количеству слов, зафиксированных в 1924 г. И. И. Зарубиным <ref name="fn610" />, а позднее — А. З. Розенфельд [28; 29] (в прошлом был распространен в долине Ванджа — правого притока Пянджа).»''
Тарҷума: ''«Забони ванҷӣ, ки имрӯз танҳо бо шумораи ками вожаҳо маълум аст ва соли 1924 аз ҷониби И. И. Зарубин ва баъдтар аз ҷониби А. З. Розенфелд сабт шудааст (дар гузашта дар водии Ванҷ — шохоби рости Панҷ — роиҷ буд).»''.<ref name="fn155">Пахалина Т. Н. Сравнительный обзор памирских языков // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 222.</ref>
Шаҳодати дигаре дар бораи фарҷоми ин забон дар мақолаи Т. Г. Абаева дар бораи пажӯҳишҳои А. В. Станишевский омадааст:
''«Укором в адрес лингвистов звучало сообщение о том, что в долине Ванча недавно умерли последние старики, владевшие ванчским языком.»''
Тарҷума: ''«Хабаре барои забоншиносон ҳамчун сарзаниш садо дод ва он ҳам дар бораи он, ки дар водии Ванҷ, ба наздикӣ пиронсолони охироне, ки забони куҳнаванҷиро медонистанд, аз дунё гузаштанд.»''.<ref name="fn157">Абаева Т. Г. Исследования А. В. Станишевского (Азиза Ниалло) о Памире // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 290.</ref>
Забони язғуломӣ, ки дар шаш деҳаи ҷамоати Язғулом ба кор меравад, забони бехат аст ва шумораи гӯяндагонаш тақрибан 3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад; аксари язғуломиён дузабонаанд ва забони тоҷикиро низ медонанд.<ref name="fn912">Язгулямский язык (рус.) // Лингвистический энциклопедический словарь. --- М.: Советская энциклопедия, 1990.</ref><ref name="fn922">Язгулямский язык (рус.) // Большая российская энциклопедия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Таҳқиқи бунёдии ин забон ба қалами эроншиноси маъруф Д. И. Эделман тааллуқ дорад, ки соли 1966 дар Маскав монографияи ''«Забони язғуломӣ»''-ро ба табъ расонидааст.<ref name="fn932">Эдельман Д. И. Язгулямский язык. --- М.: Наука, 1966.</ref> Пас аз муҳоҷирати соли 1954 бахше аз язғуломизабонон дар ноҳияи Куйбишеви водии Вахш низ сокин шуданд ва забони язғуломӣ то кунун дар он ҷо низ ба кор меравад.<ref name="fn592" />
Дар ''«Атласи забонҳои дар хатар қарордоштаи ҷаҳон»''-и ЮНЕСКО (таҳти таҳрири Кристофер Мозли, соли 2010), забони язғуломӣ ба зумраи забонҳои осебпазир (Vulnerable) дохил гардидааст.<ref name="fn942">Moseley Chr. (ed.) Atlas of the World\\\'s Languages in Danger. --- 3rd ed. --- Paris: UNESCO Publishing, 2010.</ref> Тибқи ҳамин Атлас, аз 15 забони дар хатар қарордоштаи Осиёи Марказӣ, 11-тояш дар Тоҷикистон, бештараш дар ҳудуди ВМКБ, роиҷ аст.<ref name="fn952">UNESCO publishes atlas of the world\\\'s languages in danger (англ.) // Тоҷикистон Ньюз Азия-Плюс, 29 июни 2017. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Пажӯҳиши ҷомеашиносии забонии Д. Пол, Э. Аббесс, К. Мюллер, К. Тиссен ва Г. Тиссен нишон медиҳад, ки муносибати сокинони водии Язғулом ба ҳарду забон – язғуломӣ ва тоҷикӣ – мусбат аст: забони модарӣ дар зиндагии рӯзмарра пурқувват боқӣ монда, ҳеҷ нишонае аз ҷойивазкунии он бо забони тоҷикӣ мушоҳида намешавад, ҳарчанд забони тоҷикиро низ дар баъзе ҳавзаҳо муфид медонанд.<ref name="fn962">Paul D., Abbess E., Müller K., Tiessen C., Tiessen G. Language Access and Tajik Language Proficiency among the Yazghulami of Tajikistan. --- SIL International, 2010.</ref> Дар пойгоҳи байналмилалии таснифи забонҳо ''«Глоттолог»'' забони куҳани ванҷӣ бо рамзи ''«oldw1238»'' ва забони язғуломӣ бо рамзи ''«yazg1240»'' сабт шудаанд.<ref name="fn972">Glottolog 5.0, коди ''«oldw1238»'' (забони куҳани ванҷӣ) ва ''«yazg1240»'' (забони язғуломӣ).</ref>
== Бахшбандӣ ==
Бар асоси Қонуни тақсимоти маъмурию ҳудудии кишвар, ноҳияи Ванҷ аз 1 шаҳрак (Ванҷ) ва 6 ҷамоат иборат аст:<ref name="fn982">Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. --- Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013. --- 332 с.</ref>
{| class="wikitable"
|+Ҷадвали 5. Ҷамоатҳои ноҳияи Ванҷ
!Ҷамоат
!Аҳолӣ (нафар)
!Деҳаҳо
|-
|ба номи Маҳмадулло Абдуллоев
|10 983
|Бичхарв, Бодалд, Ускроғ, Роғ, Дашти Роғ, Панҷшанбеобод, Убари Даргов, Рохарв, Гушхун, Ғумаяк, Бовуд, Одешт, Ҷангали Зуго
|-
|Водхуд
|2178
|Пшихарв, Даштак, Лугад, Бунига, Узбай, Лахш, Баравн, Баравни Таг, Баравни Тор, Ваҳдат, Вравз
|-
|Ҷовидон
|4201
|Бунай, Рав, Жовуд, Потов, Арнавад, Убго
|-
|Рованд
|5573
|Ширговад, Ғиҷоваст, Мудеҳарв, Вишхарвак, Старғ, Ғӯмас, Мурғутга, Рованд, Гармчашма, Ван-Ван, Сунгад, Поймазор
|-
|Техарв
|3401
|Гич, Садвадг, Сед, Шаврӯ, Техарв, Чихох, Удоб, Равгада
|-
|Язғулом
|6065
|Мотравн, Вишхарв, Будун, Шавуд, Андарбоғ, Жамаг
|}
Дар санадҳои расмии солҳои охир ҷамоати марказии ноҳия бо номи ''«деҳоти Маҳмадулло Абдуллоев»'' зикр мегардад.<ref name="fn410" />
Барои муқоиса, тибқи гузориши капитан Кузнецов, дар соли 1892 бекигарии Дарвоз (ки Ванҷ ҷузъи он буд) ба 11 амлокдорӣ тақсим мешуд:
''«Въ административномъ отношеніи Дарвозское бекство дѣлится на 11 амилякдарствъ: Чиль-Даринское, Тавиль-Даринское, Сагри-Даштское, Кала-и-Хумбское, Шикайское, Куфское, Хагонское, Май-Майское, Джумарчское, Ванчское, Вахія-болё и два особыхъ отдѣла–Язгулемскій и Тангъ-Шивскій.»''
Тарҷума: ''«Аз ҷиҳати маъмурӣ, бекигарии Дарвоз ба 11 амлокдорӣ тақсим мешавад: Чилдарин, Тавилдарин, Сағридашт, Қалъаи Хумб, Шикай, Куф, Ҳагон (Деҳхагон), Моймай, Ҷумарҷ, Ванҷ, Вахиёи Боло ва ду шӯъбаи алоҳида — Язғулом ва Тангшив»''.<ref name="fn992">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 68.</ref>
Аз ин тақсимот бармеояд, ки Ванҷ дар соли 1892 аллакай ҳамчун амлокдории алоҳида, ва Язғулом ҳамчун шӯъбаи ниммустақилу ба таври алоҳида идорашаванда фарқ карда мешуданд — падидае, ки то андозае бо бахшбандии имрӯзаи ноҳия, ки дар он Язғулом ҷамоати алоҳида аст, монандӣ дорад.
Тақрибан ҳаштод сол пас аз гузориши Кузнецов, забоншинос Д. И. Эделман, бар пояи маводи саҳроии худ ва пажӯҳиши А. З. Розенфелд, рӯйхати муфассали рустоҳои Ванҷро чунин овардааст:
''«Население Ванджа ныне говорит по-таджикски, хотя сравнительно недавно здесь еще бытовал ванджский язык, принадлежавший к памирской группе языков. Названия кишлаков по течению Пянджа: Даштак, Узбай, Лахш, Варавз, Лангарак, Бараун, Водхуд; по Ванджу: Бич-харвак, Рог, Лангар, Гишхун, Рохарв (официально Ванч), Гумаяк, Одешт, Бунай, Потоу, Жовид, Чихох, Сед, Техарв, Гуджовас, Ширговат, Доршир, Гумаст, Сетарг, Рованд, Мургытга, Сунгад, Ван-Ван, Поймазор.»''
Тарҷума: ''«Аҳолии Ванҷ имрӯз бо забони тоҷикӣ гуфтугӯ мекунад, ҳарчанд то ба ҳамин наздикӣ, дар ин ҷо, ҳанӯз, забони куҳнванҷӣ роиҷ буд, ки ба гурӯҳи забонҳои помирӣ тааллуқ дошт. Номҳои рустоҳо дар масири Панҷ: Даштак, Взбай, Лахш, Вароваз, Лангарак, Баравн, Водхуд; дар масири Ванҷ: Бичхарвак, Роғ, Лангар, Гишхун, Рохарв (расман Ванҷ), Ғумаяк, Одешт, Бунай, Потов, Жовид, Чхох, Сед, Техарв, Ғҷовас, Шрговад, Дуршер, Ғӯмас, Старғ, Рованд, Мурғтга, Смгад, Ван-Ван, Поймазор.»''.<ref name="fn153">Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 50.</ref>
== Хоҷагидорӣ ==
Соҳаҳои асосии хоҷагидории ноҳия ғаллакорӣ, чорводорӣ, боғдорӣ ва сабзавоткорист; дар замони шӯравӣ тамокукорӣ низ соҳаи асосӣ буд. Соли 1939 дар тамоми ВМКБ 123 колхоз мавҷуд буд, аз ҷумла дар Ванҷ 30 колхоз таъсис дода буданд.
Водии Водхуд аз қадим бо ҳосилхезии замин ва фаровонии тути худ ном баровардааст: захираи ғалла ва меваи хушки ин мавзеъ (тут, зардолу, себ) на танҳо сокинони маҳаллӣ, балки деҳоти камзамини ҳамсояро низ аз танқисӣ мераҳонд ва ибораи мардумии ''«тути Водхуд пухт, имсол ҳам ҷон ба саломат бурдем»'' аз ҳамин воқеият бармеояд.<ref name="fn210" />
Дар ноҳия 53 хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд аст. Майдони умумии заминҳои хоҷагӣ 14 417 гектар аст, аз ҷумла заминҳои корам – 1381 гектар (2012), чарогоҳҳо – 1219 гектар, боғҳо – 734 гектар. Тибқи омори соли 2012 дар ноҳияи Ванҷ 2478 тонна ғалла, 1924 тонна гӯшт, 1 млн дона тухм, 3742 тонна шир, 157 тонна чормағз, 6353 тонна сабзавот ва 11 295 тонна картошка ба даст омад. Бар асоси омори соли 2011, шумораи чорво дар хоҷагиҳо чунин буд: гов – 15 234 сар, гӯсфанду буз – 32 498 сар.
Дар давоми даҳсолаи охир сохтори хоҷагидории ноҳия ба таври куллӣ дигаргун шуд: ба ҷои 53 хоҷагии деҳқонии соли 2012, имрӯз 14 ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ 120 хоҷагии инфиродиро бо фарогирии 3217 саҳмдор муттаҳид месозад.<ref name="fn1002">Ванҷ. Рушди соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Майдони умумии заминҳои корам ба 2601 гектар расидааст, ки аз он бештар аз 1080 гектарро боғҳои мевадиҳанда ташкил медиҳанд; танҳо дар бист соли охир 282 гектар замини нав аз худ карда шудааст.<ref name="fn1012">Дар ноҳияи Ванҷ соҳаи боғпарварӣ рушд меёбад // АМИТ ''«Ховар»'', 18 ноябри 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Тибқи таҳлилҳои муқоисавӣ, дар зарфи се даҳсолаи охир истеҳсоли ғалладонагиҳо тақрибан 6 баробар, картошка 8 баробар, сабзавот 16 баробар ва мева 42 баробар афзудааст.<ref name="fn1022">Ванҷ. Ҷашни истиқлол мондагор хоҳад буд // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Танҳо то охири моҳи октябри соли 2025 аз боғоти ноҳия 2205 тонна меваи тару тозаву хушк ба бозорҳои хориҷӣ ва шаҳрҳои калони ҷумҳурӣ содирот гардид,<ref name="fn1012" /> ва моҳи августи соли 2023 кишоварзони ноҳия дар ярмаркаи Боғи ''«Куруши Кабир»''-и Душанбе зиёда аз 13 тонна маҳсулоти тару тоза ба сокинони пойтахт пешниҳод карданд.<ref name="fn1032">Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби кишоварзони ноҳияи Ванҷ // АМИТ ''«Ховар»'', августи 2023. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Аз соли 2009, вақте ки дар ноҳия аввалин ду гармхонаи намунавӣ ба кор дароварда шуданд,<ref name="fn1042">Дар Ванҷ гармхонаҳо ба кор даромаданд // АМИТ ''«Ховар»'', августи 2009. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> технологияи гармхонагӣ дар қисматҳои поёнии ноҳия паҳн шудааст. Дар давраи охир, дар ҳамкорӣ бо мутахассисони минтақаи илмӣ-таҷрибавии ''«Ҷангали Зуго»''-и Институти биологии Помир, соҳибкор Ҳайдар Фаёзов аз деҳаи Гишхун дар ноҳия парвариши озмоишии лимӯ ва дигар меваҳои ситрусиро оғоз кард – навъе, ки то ҳол дар ВМКБ танҳо хоси баъзе минтақаҳои ноҳияи Дарвоз буд.<ref name="fn1052">Ванҷ. Авлавият ба рушди лимӯпарварӣ // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Чорводорӣ ва занбӯриасалпарварӣ ===
Дар муқоиса бо давраи пеш аз истиқлол, дар ноҳия саршумори чорвои калону майда дар маҷмуъ 2 баробар, истеҳсоли гӯшт 4 баробар ва истеҳсоли тухм 31 баробар афзудааст.<ref name="fn1022" /> Тибқи омори соли 2023, саршумори чорвои калони шохдор ба 17 135 сар (нисбат ба 15 234 сар дар соли 2011) ва моли майда (гӯсфанду буз) ба 41 000 сар (нисбат ба 32 498 сар) расидааст; ҳамчунин дар хоҷагиҳои ноҳия 41 350 сари парранда ва 1082 оилаи занбӯри асал ба қайд гирифта шудааст.<ref name="fn1022" /><ref name="fn1002" /> Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди занбӯриасалпарвариро яке аз воситаҳои пасткунандаи камбизоатӣ ва таъминкунандаи шуғли деҳот муайян кардааст.
Сарватҳои зеризаминии ноҳия: пахтасанги кӯҳӣ (асбест), молибден, мармар ва ғайра; инчунин конҳои никел, оҳансанг ва оҳак мавҷуданд.
=== Муҳоҷирати меҳнатӣ ===
Мисли аксари минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон, иқтисодиёти хонаводаҳои Ванҷ ба таври назаррас аз муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳаволапулиҳо вобаста аст. Тибқи арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ аз моҳи ноябри соли 2025, ҳаволапулиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ беш аз 30 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд ва, гарчанде вобастагӣ ба ин маблағҳо сатҳи камбизоатиро коҳиш додааст, нобаробарии даромад (нишондиҳандаи Гини) аз 32 то 38 дар байни солҳои 2021 ва 2023 афзудааст; ВМКБ дар қатори минтақаҳое зикр шудааст, ки бо маҳдудиятҳои шадиди ҷуғрофиву иқлимӣ рӯбарӯянд.<ref name="fn1062">Tajikistan Poverty and Equity Assessment (англ.) // Бонки Ҷаҳонӣ, ноябри 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Пажӯҳиши умумимиллии соҳаи тандурустӣ доир ба муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон нишон додааст, ки дар байни панҷ минтақаи кишвар (Душанбе, ВМКБ, Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ), ҳиссаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар аҳолии ВМКБ (49,59 фоиз аз намунаи пажӯҳишӣ) назар ба дигар минтақаҳо (камтар аз 32 фоиз) хеле баландтар будааст.<ref name="fn1072">Inclusion of Labor Migrants as a Potential Key Population for HIV: A Nationwide Study from Tajikistan (англ.) // PMC/NCBI. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар маҷмуи умумимиллӣ, беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон ҳарсола барои кор ба Русия мераванд; ҳаволапулиҳо дар соли 2013 қариб нисфи маҷмуи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медоданд, ки то соли 2018 ба тақрибан 30 фоиз (2,2 миллиард доллари ИМА) коҳиш ёфт.<ref name="fn1082">Dependent on Remittances, Tajikistan\\\'s Long-Term Prospects for Economic Growth and Poverty Reduction Remain Dim (англ.) // Migration Policy Institute. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Саноат ===
Дар ноҳия корхонаҳои хурди саноатӣ – сехи чӯҷабарорӣ, заводи хишти ''«Лугад»'', ҶДММ ''«Хрустал»'' – фаъолият доранд. Дар Ванҷ бозорҳои марказӣ ва марзӣ низ амал мекунанд.
25 июни соли 2025 дар ноҳия корхонаи истеҳсоли калсит, коркарди мармар ва сангҳои ороишии ҶСК ''«Мармар Стоун»'' ба кор шурӯъ кард, ки иқтидори солонаи он 40 ҳазор тонна маҳсулот буда, 40 сокини маҳаллиро бо ҷои кори доимӣ таъмин намудааст. Корхона чор хатти истеҳсолӣ дорад ва дар он беш аз 20 навъи санги табиӣ коркард мешавад; иқтидори истеҳсоли тахтасангҳои ороишӣ (мозаика) 10 ҳазор м³ ва коркарди санги мармар 160 ҳазор м³ дар як солро ташкил медиҳад.<ref name="fn1092">Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ аз Ванҷ оғоз шуд. Президент дар ин ноҳия кадом иншоотро ба истифода дод? // Asia-Plus, 25 июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn1102">Ифтитоҳи корхонаҳои истеҳсоли калсит, коркарди мармар ва сангҳои ороишии ҶСК ''«Мармар Стоун»'' дар ноҳияи Ванҷ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
Дар ҳамон рӯз Парки саноатии ноҳия мавриди истифода қарор гирифт, ки дар масоҳати 788 м² ҷойгир буда, 6 корхонаи хурди истеҳсолиро фаро мегирад: истеҳсоли макарон, бандубасти маҳсулоти лӯбиёгӣ, коркарди равғани чормағз, коркард ва бандубасти меваи хушк, истеҳсоли собун ва дару тирезаҳои пластикӣ. Фаъолияти парк дар маҷмуъ 36 сокини маҳаллиро бо кор таъмин мекунад.<ref name="fn1092" /><ref name="fn1112">Ифтитоҳи Парки саноатии ноҳияи Ванҷ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
Дар доираи ҳамин парк, инчунин корхонаи коркарди равғани ангат (Hippophae rhamnoides) – растании шифобахши худрӯй, ки дар қад-қади дарёҳои ноҳия фаровон мерӯяд – ба кор шурӯъ кардааст; иқтидори он то 500 килограмм равғани холис дар як сол буда, аз ин ашё то 12 навъи маҳсулоти фармасевтию косметологӣ омода карда мешавад.<ref name="fn1122">Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ // Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ, июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Пеш аз таъсиси ин корхона, дар деҳаи Ғуҷоваст соҳибкорзан Васила Ғафурова коргоҳи хурди коркарди ангатро таъсис дода буд, ки маводи он берун аз ноҳия низ харидор пайдо кардааст.<ref name="fn1092" /> Барои дастгирии соҳибкории хурду миёна дар солҳои 2018-2019 ба соҳибкорони ноҳия зиёда аз 6,5 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шудааст.<ref name="fn1132">Сафарҳои дохилӣ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Энергетика ===
Дар Ванҷ чандин неругоҳи хурди барқи обӣ (НБО) фаъолият мекунад. Аз ҷумла, НБО-и ''«Техарв»'' дар дарёи Ванҷ бо иқтидори 400 кВт таҷдид гардида, ба шабакаи ягонаи барқи кишвар пайваст карда шудааст; НБО-и ''«Андарбак»'' дар водии Язғулом ба шабакаи ширкати ''«Помир Энерҷӣ»'' пайваст аст.<ref name="fn1142">Реконструкция МГЭС Техарв на реке Ванч мощностью 400 кВт в Ванчском районе Горно-Бадахшанской автономной области (рус.) // CAWater-Info. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Таҳлилҳои соли 2021 нишон дода буданд, ки шабакаҳои барқии ноҳия ҳамагӣ 2,6 мегаватт барқ истеҳсол мекунанд, дар ҳоле ки барои фаъолияти пуриқтидори корхонаҳои нави саноати кӯҳӣ (ба мисли ''«Мармар Стоун»'') беш аз 5,6 мегаватт лозим буд.<ref name="fn1152">Имсол дар Ванҷ дар 15 гектар боғи нав бунёд карда шуд // АМИТ ''«Ховар»'', июли 2021. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Моҳи июни соли 2025 хатти интиқоли барқи дузанҷираи 35 ва 110-киловолтаи Хоруғ-Рӯшон бо дарозии 67,5 км ва зеристгоҳи ''«Ҷангал»'' ба маблағи умумии 114 миллион сомонӣ ба истифода дода шуд, ки интиқоли муназзами неруи барқро ба ноҳияҳои Рӯшон, Ванҷ ва Дарвоз ба маротиб беҳтар мегардонад; ҳамзамон сохтмони хатти 42-километраи интиқоли барқи 110-киловолта аз маркази ноҳияи Рӯшон то зеристгоҳи ''«Вознавд»'' оғоз ёфт, ки ба истифода додани он дар нимсолаи аввали соли 2026 пешбинӣ шудааст.<ref name="fn1162">Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон // АМИТ ''«Ховар»'', июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Нақлиёт ===
Нақлиёти ноҳия асосан автомобилист; як фурудгоҳи хурд ҳам дар шаҳраки Ванҷ (Рохарв) вуҷуд дорад. Қаламрави ғарбии ноҳия дар масири шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Мурғоб-Қулма қарор дорад; лоиҳаи таъмиру таҷдиди қитъаи ин шоҳроҳ аз Қалъаихумб то Ванҷ ва сарҳади ноҳияи Рӯшон арзиши умумии 2,5 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки то имрӯз корҳо ба маблағи 900 миллион сомонӣ анҷом ёфтаанд.<ref name="fn1172">Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ванҷ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> 25 июни соли 2025 роҳи мошингарди маркази ноҳия то нуқтаи пайвастшавӣ ба ин шоҳроҳ, иборат аз ду хатти ҳаракат бо дарозии умумии 16 км, пас аз таҷдид ба истифода дода шуд; дар дарозои роҳ истгоҳҳои нақлиётӣ ва гузаргоҳҳо барои пиёдагардон бунёд гардидаанд.<ref name="fn1092" /><ref name="fn1182">Ифтитоҳи роҳи маркази ноҳияи Ванҷ то нуқтаи пайвастшавӣ ба шоҳроҳи Душанбе--Кулма // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
23 июни соли 2025 ширкати ҳавопаймоии ''«Тоҷик Эйр»'' пас аз ёздаҳ соли танаффус (парвози охирин соли 2014 сурат гирифта буд) хатсайри ҳавоии Душанбе-Ванҷ-Душанберо аз нав кушод: парвози нахустин бо 15 мусофир анҷом ёфт. Парвоз дар ин масир 50 дақиқа тӯл кашида, тибқи ҷадвал ҳафтае як маротиба, рӯзҳои ҷумъа, бо ҳавопаймои Ан-28 иҷро мешавад ва нархи чипта дар як самт 750 сомонӣ муайян гардидааст.<ref name="fn1192">Оғози парвози ҳавопаймоӣ миёни Душанбе ва Ванҷ. Аввалин парвоз кай ва нархи чипта чанд аст? // Asia-Plus, июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn1202">Пас аз 11 сол. Аввалин парвози ҳавопаймо дар масири Душанбе-Ванҷ-Душанбе анҷом ёфт // Asia-Plus, 23 июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар доираи татбиқи ''«Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»'' (қабулшуда 28 июни соли 2024), 24 феврали соли 2026 дар шафати роҳҳои мошингарди ноҳияи Ванҷ беш аз 2000 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва сояафкану мевадиҳанда шинонида шуд.<ref name="fn1212">ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳҳои мошингарди Ванҷ беш аз 2000 бех ниҳол шинонида шуд // АМИТ ''«Ховар»'', 24 феврали 2026. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Фарҳангу маориф ==
Пеш аз инқилоб аҳолии маҳаллии Ванҷ дар масҷидҳо ва хонаҳои муллоён хатту савод меомӯхтанд ва на ҳама ақшори мардум фурсат ва имкони саводомӯзӣ доштанд. Аз ин рӯ нисбати саводнокӣ дар миёни онҳо хеле паст буд ва ба сахтӣ метавонист ба 3-10 % бирасад. Саводомӯзии саросарии аҳолиро ҳукумати шӯравӣ ба роҳ монд.
Соли 1926 нахустин мактаб дар минтақа фаъолияти худро оғоз намуд: дар он танҳо 1 муаллим – Одил Боқиев (аз деҳаи Чихох) кор мекард ва 25 талаба дар он ҷо дарс меомӯхтанд. Соли 1930 шумораи муаллимон ба 7 нафар расид. Дар авохири даҳаи 30-юми асри XX тақрибан дар ҳамаи маҳалҳои сераҳолии деҳшӯроҳои Ванҷ мактабҳои ибтидоӣ таъсис ёфтанд, ки бештари бачагону наврасон дар онҳо таҳсил мекарданд.
Тобистони соли 1941 (дар арафаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ) дастгоҳи кинонамоишдиҳӣ дар Ванҷ сохта, ба марҳалаи истифода расид. Соли 1941 дар вилоят 41 китобхона вуҷуд дошт, аз ҷумла китобхонаи ноҳиявӣ дар маркази Ванҷ ва 12 чойхонаи сурх. Дар аввали моҳи апрели соли 1930 дар яке аз деҳаҳои баландкӯҳи водии Ванҷ – Рованд нахустин маҷлиси ҷавонон баргузор шуд.
Дар соли таҳсилии 2011-2012 дар ноҳияи Ванҷ 50 мактаб, аз ҷумла 23 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 4 мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, 13 мактаби ибтидоӣ, мактаб-интернат ва муассисаи томактабӣ вуҷуд дошт. Дар ҳамин сол дар мактабҳои ноҳия 7437 талаба таҳсил мекард, ки ба онҳо 928 муаллими соҳибмаълумоти олӣ дарс медоданд.
25 июни соли 2025 дар деҳаҳои Мотравн, Будун, Вишхарв, Жамаг, Бунай, Техарв ва Ғиҷовасти ноҳия 7 кӯдакистони нав ифтитоҳ гардид: чор кӯдакистон аз ҳисоби буҷети маҳаллии вилоят ва се кӯдакистони дигар аз ҳисоби сокинони деҳаҳо тариқи ҳашар сохта шудаанд. Ин муассисаҳо аз 20 синфхона иборат буда, барои 380 тарбиятгиранда пешбинӣ шудаанд ва дар онҳо 34 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.<ref name="fn1092" /><ref name="fn1222">Ифтитоҳи 7 кӯдакистон дар ноҳияи Ванҷ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
Дар Ванҷ 45 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 1 театр, 13 клуб, 2 автоклуб, 5 хонаи фарҳанг, 25 китобхона бо фонди 114 960 нусха китоб фаъолият мекунад. Рӯзномаи ноҳиявӣ бо номи ''«Ватан»'' нашр мешавад.
== Тиб ==
Аввалин иттилои тиббии сабтшуда дар бораи Ванҷ ба гузориши капитан Кузнецов (соли 1892) рост меояд, ки паҳншавии бемории зоб (гулбандварамӣ)-ро дар байни дигар бемориҳои маъмули Дарвоз махсус қайд кардааст:
''«Изъ другихъ болѣзней особенно развитыхъ въ Дарвозѣ, слѣдуетъ отмѣтить зобъ, главнымъ образомъ по рѣкѣ Ванчъ.»''
Тарҷума: ''«Аз дигар бемориҳое, ки дар Дарвоз хеле паҳн шудаанд, бояд зобро қайд кард, ки асосан дар канори дарёи Ванҷ вомехӯрад»''.<ref name="fn1232">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 51.</ref>
Соли 1939 дар Ванҷ маркази тиббӣ ва бемористоне барои 10 кат сохта шуда буд. Ин иттифоқ дар канори душвориҳои азиме ба вуҷуд омад: то оғози асри XX дар водӣ тибби илмӣ вуҷуд надошт ва сокинон танҳо ба гиёҳдармонӣ ва дуохонӣ такя мекарданд, ки боиси сатҳи баланди фавти модарону кӯдакон мегардид.<ref name="fn492" /> Тибқи як таҳқиқи диссертатсионӣ, гузариш ба тибби муосир бо муқовимати шадид ҳамроҳ буд: соли 1929 табиби рус Спажев, ки барои расонидани кумаки аввалияи тиббӣ ба Ванҷ фиристода шуда буд, аз ҷониби дастаҳои босмачӣ ба қатл расонида шуд – ҳодисае, ки соли 1931 бо қатли табиб Олхов дар ноҳияи ҳамҷавори Қалъаихумб такрор ёфт.<ref name="fn1242">Диссертатсия // Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ.</ref> Муҳоҷирати маҷбурии соли 1954-и сокинони водии Язғулом ба водии гарми Вахш низ оқибатҳои вазнини беҳдоштӣ – бемории оммавӣ ва фавти зиёди кӯдакон – ба бор овард, ки яке аз сабабҳои бозгашти тадриҷии як қисми муҳоҷирон ба зодгоҳашон гардид.<ref name="fn492" />
Ҳоло дар ноҳия як беморхонаи марказӣ (дар шаҳраки Рохарв, дорои 6 шуъбаи бистарикунонӣ), як беморхонаи минтақавӣ дар водии Язғулом, 22 бунгоҳи тиббӣ, маркази назорати беҳдоштӣ (санитарию эпидемиологӣ) ва 4 дорухона фаъолият доранд. Тибқи маълумоти соли 2023, ба ин шабака 57 310 нафар бемор муроҷиат кардааст – ба ҳисоби миёна беш аз 1,6 маротиба барои ҳар сокини ноҳия дар як сол.<ref name="fn1252">Ванҷ. Роҳандозии тадбирҳо дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар сохтори марказии шабака 47 духтури дорои маълумоти олӣ ва 193 корманди миёнаи тиббӣ кор мекунанд; рақами 369 нафар пизишки дорои маълумоти олӣ, ки дар маъхазҳои умумӣ оид ба ноҳия зикр мешавад, эҳтимол тамоми мутахассисони тиббии ҳудуди ноҳияро – аз ҷумла дорухонаҳо, СЭС ва муассисаҳои хусусиро – дар бар мегирад.<ref name="fn1252" />
Дар водии дурдасти Язғулом, ки пеш аз истиқлол мардум маҷбур буданд беморони вазнинро тавассути чорвои борбар ба масофаҳои дур интиқол диҳанд, имрӯз як дармонгоҳи минтақавӣ, ду маркази саломатӣ, се бунгоҳи тиббӣ дар деҳаҳои дурдаст ва як таваллудхонаи махсусгардонидашуда фаъолият доранд.<ref name="fn1252" /> Дар деҳаи Гармчашмаи ҷамоати Рованд, наздики лозури Ванҷях, як маркази саломатии муосир бо ҳамкории Вазорати тандурустӣ ва Хадамоти ҳифзи сиҳатии Бунёди Оғохон (Aga Khan Health Services) сохта шудааст.<ref name="fn1262">Ифтитоҳи маркази саломатӣ дар ноҳияи Ванҷ // АМИТ ''«Ховар»'', сентябри 2015. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар доираи барномаи миллии рушди инфрасохтори тиббӣ, соли 2025 сохтмони бинои нави Беморхонаи марказӣ барои 120 кат бо арзиши 114 миллион сомонӣ оғоз гардид.<ref name="fn1272">Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Ванҷ // Президенти Тоҷикистон, 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Барои ҳалли норасоии кадрҳо, тайи давраи соҳибистиқлолӣ 142 нафар хатмкунандаи ноҳияи Ванҷ дар муассисаҳои олии тиббии ҷумҳурӣ (пеш аз ҳама Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино) таҳсил кардаанд, ки аз ин шумора 40 нафар тавассути квотаи президентӣ буда, соли 2025 боз 22 нафари дигар ба ҳамин квота фаро гирифта шуданд.<ref name="fn1272" /> Барномаи ''«Корвони саломатӣ»''-и Вазорати тандурустӣ низ борҳо ба Ванҷ ташриф оварда, ба табибони маҳаллӣ таҷрибаандӯзӣ фароҳам овардааст.<ref name="fn1282">''«Корвони саломатӣ»''. Сокинони ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ бо хизматрасонии ройгони тиббӣ фаро гирифта шуданд // АМИТ ''«Ховар»'', майи 2022. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Бо сабаби баландкӯҳ будани минтақа, Ванҷ таърихан ба минтақаҳои паҳншавии бемории ҷоғвар (норасоии йод) мансуб буд; тибқи маълумоти таҳлилӣ, дар натиҷаи стратегияи миллии йодизатсияи намак сатҳи паҳншавии ин беморӣ дар давраи солҳои 2019-2023 то 72 фоиз коҳиш ёфтааст.<ref name="fn1292">Авҷи Зуҳал, № 2, 2025.</ref> Бо назардошти сатҳи баланди муҳоҷирати меҳнатии сокинони ноҳия, маркази маҳаллии мубориза бар зидди ВНМО (ВИЧ) корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни ҷавонон пайваста мегузаронад.<ref name="fn1252" /> Дар давраи пандемияи COVID-19 Беморхонаи марказии Ванҷ шуъбаи бемориҳои сироятиро ба реҷаи фавқулодда гузаронид, ва моҳи июни соли 2020 тибқи барномаи дастгирии Иттиҳоди Аврупо ба ин муассиса таҷҳизоти муҳофизати инфиродӣ (PPE) расонида шуд.<ref name="fn1302">EU timeframe for PPE distribution // Хадамоти амали берунии Иттиҳоди Аврупо (EEAS), июни 2020. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Беморхонаи марказӣ соли 2014 пурра ба низоми гармкунии барқӣ (аз ҳисоби неругоҳҳои хурди барқи обӣ) гузашт, ҳарчанд барои ҳолатҳои фавқулодда ҳарсола захираи эҳтиётии сӯзишворӣ нигоҳ дошта мешавад.<ref name="fn1312">Беморхонаи Ванҷ ба низоми гармкунии барқӣ гузашт // АМИТ ''«Ховар»'', январи 2014. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Тибқи санҷиши Агентии амнияти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳо (июли 2024), Беморхонаи марказии Ванҷ талаботи қонунгузории бехатарии радиатсиониро пурра риоя намуда, дараҷаи хатари фаъолияти он ''«паст»'' арзёбӣ шудааст.<ref name="fn1322">Феҳристи Агентии амнияти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ (cbrn.tj). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Варзиш ==
Ванҷ аз даврони қадим бо гуштигирони номвари худ шуҳратёр буд. Номи паҳлавонони ванҷӣ – Амонат, Сулаймон, Дилдор, Хушдил, Худоӣ, Ҳиммат, Ш. Дилов, Алифбек ва дигарон то кунун ба некӣ ёд мешавад ва қиссаҳои майдондориашон ҳанӯз вирди забони хосу ом аст. Соли 2024 гӯштини миллии тоҷикӣ (гӯштингирӣ) дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта шуда, мақоми расман байналмилалӣ касб кард; шумораи мусобиқаҳои ин намуди варзиш дар саросари ҷумҳурӣ аз 485 адад дар соли 2020 то тақрибан 4000 адад дар соли 2022 афзудааст.<ref name="fn1332">Гӯштини тоҷикӣ мақоми байналмилалӣ гирифт // Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Паҳлавони ванҷӣ Шакармамад Мирмамадов, ки дар якчанд намуди варзиш (ҷудо, кураш, гӯштингирӣ) рақобат мекунад, яке аз муваффақтарин варзишгарони вазни сангини Тоҷикистон дар даҳсолаи охир аст: соҳиби медали биринҷии Бозиҳои XVIII осиёии соли 2018 дар Ҷакарта (ҷудо, +100 кг),<ref name="fn1342">Бозиҳои XVIII осиёӣ: Шакармамад ҳам соҳиби медали биринҷӣ гардид // Радиои Озодӣ. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> медали тиллои Чемпионати 13-уми Осиё оид ба кураш дар Теҳрон (июни 2024)<ref name="fn1352">Шакармамад Мирмамадов қаҳрамони Осиё оид ба кураш // Варзиш ТВ. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> ва медали тиллои Нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ дар Душанбе (28-31 августи 2024, бо иштироки беш аз 200 варзишгар аз 63 давлат) гардид.<ref name="fn1362">Варзишгари тоҷик Шакармамад Мирмамадов дар нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ медали тилло ба даст овард // АМИТ ''«Ховар»'', августи 2024. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар мусобиқаҳои Наврӯзии байналмилалӣ дар Хоруғ (марти 2025) ва Рашт (апрели 2026) низ ғолиб омада, ҳарду бор соҳиби автомобил гардид.<ref name="fn1372">Шакармамад Мирмамадов барандаи Шоҳҷоизаи Мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ дар шаҳри Хоруғ гардид // АМИТ ''«Ховар»'', 26 марти 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn1382">Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд // АМИТ ''«Ховар»'', 15 апрели 2026. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
25 марти соли 2020 дар ҷамоати деҳоти Язғулом бахшида ба Наврӯз мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ баргузор гардид, ки дар он беш аз 300 нафар паҳлавон на танҳо аз Ванҷ, балки аз Душанбе, Бохтар, Кӯлобу Хоруғ ва ноҳияҳои Дарвозу Рӯшон иштирок карданд.<ref name="fn139" />
Дар ноҳия беш аз 40 иншооти варзишӣ мавҷуд аст. 25 июни соли 2025 дар деҳаи Убари Даргов толори варзишӣ бо масоҳати умумии 615 м², иборат аз толори асосӣ, толори тенниси рӯи миз ва ҳуҷраҳои ёрирасон, ба истифода дода шуд.<ref name="fn1092" /><ref name="fn140">Ифтитоҳи толори варзишӣ дар деҳаи Убари Даргови ноҳияи Ванҷ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref> Ҳамчунин, 15 ноябри соли 2025, дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар деҳаи Андарбоғи ҷамоати Язғулом толори варзишии замонавӣ, ки бо маблағи 480 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст, ба истифода дода шуд.<ref name="fn141">Бахшида ба Рӯзи Президент дар деҳаи Андарбаки ноҳияи Ванҷ толори муосири варзишӣ ба истифода дода шуд // АМИТ ''«Ховар»'', 15 ноябри 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Пеш аз ин, 11 сентябри соли 2018 бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамин ҷамоати Язғулом низ як толори варзишӣ ба истифода дода шуда буд.<ref name="fn142" />
Ба ғайр аз гӯштин, дар солҳои охир волейбол низ дар ноҳия рушд кардааст: дар мусобиқаи маҳаллӣ 7 дастаи волейболи ҷавонон иштирок доранд, ва дастаи ноҳияи Ванҷ дар Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявии волейбол дар ноҳияи Восеъ дар қатори дастаҳои пуриқтидоре чун ''«Регар ТадАЗ»'' ва дастаи шаҳри Душанбе иштирок карда, рақобати арзанда нишон додааст.<ref name="fn143">''«Регар ТадАЗ»'' дар мусобиқа оид ба волейбол дар ноҳияи Восеъ сазовори Шоҳҷоиза гардид // АМИТ ''«Ховар»'', июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар Бозиҳои осиёии соли 2018, ки самбо бори аввал ба барномаи он дохил шуда буд, Тоҷикистонро дар қатори дигарон ду варзишгари ҷавон – Ҷомии Ҳасанӣ ва Сомон Сангов – намояндагӣ карданд.<ref name="fn1342" />
== Шахсиятҳои маъруф ==
Мулло Муҳаммадёри Ванҷӣ (машҳур ба Мулло Ёр) – шоири маъруфи мардумии тоҷик, зодаи деҳаи Ғумаяки водии Ванҷ; мероси ӯ то имрӯз дар байни мардуми кӯҳистони тоҷик маҳбубият дорад.<ref name="fn210" />
Раҳим Масов (16 ноябри 1939, деҳаи Мудеҳарви ноҳияи Ванҷ – 21 июни 2018, Душанбе) – таърихшиноси барҷастаи тоҷик, доктори илмҳои таърих, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон; солҳои 1988-2015 директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш.<ref name="fn144">Академик Рахим Масов: жизнь, посвящённая отстаиванию национальных интересов Таджикистана (рус.) // НИАТ ''«Ховар»'', 16 ноябри 2022. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn145">Сегодня в Душанбе скончался академик Рахим Масов (рус.) // Азия-Плюс, 21 июни 2018. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Ҳайдаршо Пирумшоев (таваллуд 30 декабри 1944, ноҳияи Ванҷ) – таърихшинос, доктори илмҳои таърих, профессор; муаллифи асарҳои ''«Ванҷ»'' (М., 2004), ''«Ванҷи ману ганҷи ман»'' (Душанбе, 2013) ва таҳқиқоти сершумор оид ба таърихи Бадахшону Помир.<ref name="fn146">Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо... 30 декабри соли 2025 // Asia-Plus. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Қодири Қосим (таваллуд 9 апрели 1961, ноҳияи Ванҷ) – ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон.<ref name="fn147">Председатель Федерации независимых профсоюзов Таджикистана Кодири Косим выдвинут кандидатом в депутаты Маджлиси намояндагон (рус.) // НИАТ ''«Ховар»'', январи 2020. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Мурувватшо Бачабеков (1 майи 1944 – 9 сентябри 2023, деҳаи Баравни ҷамоати Водхуд) – устоди варзиши гӯштингирӣ, ки ӯро бунёдгузори мактаби муосири гӯштини Ванҷ медонанд; солҳои 1972-1994 устоди кафедраи тарбияи ҷисмонии Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) буд.<ref name="fn148">Устоди паҳлавонони Ванҷ Мурувватшо Бачабеков аз дунё рафт // Бомдод, 12 сентябри 2023. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Маҳмадшариф Сулаймонов (зодаи деҳаи Рованд) – устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ дар гӯштини миллӣ, ки зиёда аз панҷоҳ сол дар майдони паҳлавонӣ фаъолият дорад.<ref name="fn149">Суфраи паҳлавонӣ // Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Ҳукумат ==
Сарвари ноҳияи Ванҷ Раиси ноҳия аст, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мегардад.<ref name="fn310" /> Ниҳоди намояндагии ноҳия – Маҷлиси вакилони халқ мебошад, ки аз тарафи мардуми ноҳия ба муддати 5 сол интихоб мешавад. Маълумоти расмӣ дар бораи ноҳия дар сомонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (badakhshon.tj) ҷой дода шудааст.<ref name="fn310" />
Раисони ноҳия дар тӯли фаъолияти маъмурии он борҳо иваз шудаанд; барои мисол, 17 ноябри соли 2021 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷабори Қосим аз мансаби раиси ноҳияи Ванҷ озод карда шуда, ба ҷои ӯ Мардзода Одинашо Миршаб ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия таъин гардид.<ref name="fn150">Раисони Ванҷу Роштқалъа барканор шуданд: раҳбарони нав киянд? // Sputnik Тоҷикистон, 17 ноябри 2021. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Эзоҳ ==
{{Reflist|30em}}
== Манобеъ ==
* Андреев М. С. Выработка железа в долине Ванча (верховья Аму-Дарьи). – Ташкент, 1926.
* Бубнова М. А. Горно-Бадахшанская автономная область. Западный Памир (памятники каменного века – XX в.). – Душанбе, 2008. – (Археологическая карта Таджикистана).
* Бурхан-уд-Дин-хан Кушкеки. Путеводитель по Каттагану и Бадахшану. – Ташкент, 1926.
* Гулшанӣ. Таърихи ҳумоюн. – Душанбе, 2006.
* Искандаров Б. И. Восточная Бухара и Памир во второй половине XIX в. Ч. 1-2. – Душанбе, 1962-1963.
* Камалиддинов Ш. С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX – начала XIII вв. – Ташкент, 1996.
* Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). – Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893.
* Лашкарбеков Б. Б. Старованджский язык (vanǰivor) // Основы иранского языкознания: Среднеиранские и новоиранские языки / под ред. В. А. Ефимова. – М.: Восточная литература, 2008. – С. 61-109.
* Масов Р. М. К истории Ванчской долины // Мероси ниёгон. – Душанбе, 1999. – № 4. – С. 20-30.
* Мушкетов Д. И. Рохаръ (Кала-и-Ванчъ). – Петроградъ: Типографія М. М. Стасюлевича, 1916. – (Отдѣльный оттискъ изъ тома LII (1916 г.) Извѣстій Императорскаго Русскаго Географическаго Общества № 876).
* Пирумшоев Ҳ. Ванҷ. – М., 2004.
* Пирумшоев Ҳ., Зафаров А. Ванҷи ману ганҷи ман (очерки таърихӣ). – Душанбе, 2013.
* Постников А. В. Схватка на «Крыше Мира»: политики, разведчики и географы в борьбе за Памир в XIX веке. – М.: Памятники исторической мысли, 2001. – ISBN 5-88451-100-0.
* Розенфельд А. З. Ванджские говоры таджикского языка / ЛГУ им. А. А. Жданова. – Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. – 151 с.
* Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. – М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903.
* Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. – Душанбе: СИЭМТ, 2013.
* Эдельман Д. И. Язгулямский язык. – М.: Наука, 1966.
* Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. – М.: Наука (ГРВЛ), 1975. – С. 41-62.
* Языки мира: Иранские языки. III. Восточноиранские языки. – М.: Индрик, 2000.
* Moseley Chr. (ed.) Atlas of the World's Languages in Danger. – 3rd ed. – Paris: UNESCO Publishing, 2010.
* Paul D., Abbess E., Müller K., Tiessen C., Tiessen G. Language Access and Tajik Language Proficiency among the Yazghulami of Tajikistan. – SIL International, 2010.
== Пайвандҳо ==
* [https://www.vanjiman.com/ Сомонаи vanjiman.com]
* [https://vanj.info/ Торнамои Ванҷ (vanj.info)]
* [http://badakhshon.tj/?page_id=11224 Саҳифаи ноҳияи Ванҷ дар сомонаи расмии ВМКБ]
* [[c:Category:Vanj_District|Парвандаҳо дар Викианбор (Vanj District)]]
{{тоҷикистон-ҷуғ-нопурра}}
{{Тақсимоти маъмурии ВМКБ}}
{{Ноҳияи_Ванҷ}}
[[Гурӯҳ:Ноҳияҳои Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]]
[[Гурӯҳ:Ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]]
[[Гурӯҳ:Ноҳияи Ванҷ]]
r8ot2p0oaed5bb7m3hwqjm5nhfgf52b
1482021
1482020
2026-07-26T00:18:47Z
Firdavsi
3353
1482021
wikitext
text/x-wiki
{{ВМ
| Ранг1 = #A5D570
| Номи тоҷикӣ =
| Номи аслӣ = Ноҳияи Ванҷ
| Нишон =
| Парчам =
| Бари нишон =
| Бари парчам =
| Тавсифи нишон =
| Тавсифи парчам =
| Кишвар = [[Тоҷикистон]]
| lat_dir = N
| lat_deg = 38
| lat_min = 22
| lat_sec = 23
| lon_dir = E
| lon_deg = 71
| lon_min = 27
| lon_sec = 19
| region = TJ
| type = District
| Дараҷа =
| CoordScale =
| Суруди миллӣ =
| Мақом = Ноҳияи маъмурӣ
| Тобеъи = [[Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]]
| Шомили = 1 шаҳрак, 6 ҷамоат
| Пойтахт = [[Ванҷ (шаҳрак)|Ванҷ]]
| Шаҳри бузургтарин =
| Шаҳрҳои бузургтарин =
| Таъсис = [[29 май|29 маи]] [[1933]]
| Барҳамхӯрӣ =
| Номҳои пешина =
| Раис = Мардзода Одинашо Миршаб (аз 2022)<ref>{{Cite web|url=http://www.adlia.tj/show_doc.fwx?Rgn=143911|title=Указ Президента Республики Таджикистан от 1 декабря 2022 года №480 "О назначении Мардзода О.М. председателем Ванчского района Горно-Бадахшанской автономной области"|website=www.adlia.tj|accessdate=2023-01-04|archivedate=2024-12-09|archiveurl=https://web.archive.org/web/20241209162237/http://adlia.tj/show_doc.fwx?Rgn=143911}}</ref>
| Шакли роҳбарӣ = Раиси ноҳия
| Раис2 =
| Шакли роҳбарӣ2 =
| Раис3 =
| Шакли роҳбарӣ3 =
| ММД =
| Соли ММД =
| Ҷой аз рӯи ММД =
| ММД ба сари аҳолӣ =
| Ҷой аз рӯи ММД ба сари аҳолӣ =
| Забон =
| Забонҳо = [[Забони тоҷикӣ|тоҷикӣ]], [[Забонҳои бадахшонӣ]] — [[Забони язғуломӣ|язғуломӣ]]
| Аҳолӣ = 35 400
| Соли барӯйхатгирӣ = 2024
| Фоиз аз аҳолӣ = 4,8
| Ҷой аз рӯи аҳолӣ =
| Баҳодиҳии аҳолӣ =
| Соли баҳодиҳӣ =
| Зичӣ = 7,7
| Ҷой аз рӯи зичӣ =
| Ҳайати миллӣ = [[тоҷик]]он
| Ҳайати динӣ = [[мусулмон]], [[суннӣ]], мазҳаби [[ҳанафӣ]]
| Масоҳат = 4430,5
| Фоиз аз масоҳат =
| Ҷой аз рӯи масоҳат =
| Баландии бештарин = 7495
| Баландии миёна = 3000
| Баландии камтарин =
| Харита = Vanj District in Tajikistan.svg
| Андозаи харита =
| Харита2 =
| Минтақаи замонӣ = UTC+5
| Сарвожа = VA
| ISO = TJ.BK.VA
| Шиносаи ададӣ =
| Шакли шиноса =
| Шиносаи ададӣ2 =
| Шакли шиноса2 =
| Шиносаи ададӣ3 =
| Шакли шиноса3 =
| FIPS =
| Коди телефон = +992 3551
| Нишонаи почта = 736300
| Домени интернет = tj
| Коди мошинҳо = 04 TJ
| Вебгоҳ = [[www.vanjiman.com]]
| Гурӯҳ дар Commons = Vanj District
| Эзоҳ =
}}Ноҳияи Ванҷ (форсӣ: ناحیۀ ونج) – минтақаи таърихӣ ва яке аз ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, воқеъ дар шимолу ғарби вилоят, дар шарқи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Масоҳаташ 4430,5 км² буда, тибқи омори соли 2024 аҳолияш 35 400 нафарро ташкил медиҳад (зичии аҳолӣ тақрибан 8 нафар дар 1 км²). Ҳамчун воҳиди расмии маъмурию ҳудудӣ 29 майи 1933 таъсис ёфтааст.<ref name="fn1">Ванджский район (рус.) // Словари и энциклопедии на Академике (нусхаи мақолаи Википедиаи русӣ, 2010). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Маркази ноҳия шаҳраки Рохарв (форсӣ: راخرو) аст, ки расман шаҳраки Ванҷ ном дошта, дар харитаҳо низ чунин сабт мешавад, вале дар забони мардум то имрӯз бо номи бостонии худ – Рохарв ёд мегардад; шаҳрак 176 км шимолтар аз шаҳри Хоруғ, дар канораи резишгоҳи рӯди Рохарвоб ба Ванҷоб ҷой дорад.<ref name="fn1" /><ref name="fn2">Ванҷ. Маълумоти ҷуғрофӣ (порча аз китоби Ҳ. Пирумшоев «Ванҷи ман») // Торнамои Ванҷ (vanj.info). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn3">н. Ванҷ (www.vanj.tj) // Сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Тибқи анъанаи маҳаллӣ, тамоми рустоҳоеро, ки аз деҳаи Бунай болотар воқеъанд, ''«Ванҷи Боло»'' меноманд; водиҳои поёниро бошад, на ''«Ванҷи Поён»'', балки бо номҳои таърихии худашон – Язғулом, Водхуд ва Пшихарв – ёд мекунанд.<ref name="fn2" /> Дигар шӯроҳои русто, мисли Водхуд, Язғулом, Рованд ва Техарв, ки фарогири чандин деҳаанд, то кунун номҳои таърихии худро нигоҳ доштаанд. Шӯрои рустои Рохарв дар ҳоли ҳозир чун ҷамоати ба номи Маҳмадулло Абдуллоев<ref name="fn4">Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ толори варзиширо ифтитоҳ намуданд // АМИТ «Ховар», 25 июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> ва шӯрои рустои Жовид феълан дар шакли ҷамоати Ҷовидон номгузорӣ шудаанд.
Қабл аз вуруди Артиши Сурх ба Ванҷ ва истиқрори низоми шӯравӣ, маркази идории амлокдории Ванҷ дар шаҳраки Рохарв, дар ''«Қалъаи Ванҷ»'' ё ''«Қалъаи Рохарви Ванҷ»'' қарор дошт, ки ҳам қароргоҳи мири Ванҷ ва ҳам маҳалли будубоши гурӯҳаки маҳдуди сипоҳи манғитиён будааст.<ref name="fn5">Мушкетов Д. И. Рохарв (Кала-и Ванч) // Известия Русского географического общества. --- Т. 52. --- 1916.</ref>
Дарёҳои бузургтарини ноҳия – Ванҷоб, Язғулом) ва Панҷ) мебошанд. Ду соҳили дарёи Ванҷоб бо дарозии зиёда аз 100 км бахши умдаи ноҳияро ташкил медиҳад.
== Номшиносӣ ==
Дар сарчашмаҳои русӣ ва адабиёти даврони шӯравӣ номи ноҳия дар шаклҳои ''«Ванч»'' ва ''«Вандж»'' омадааст, ки гунаи русишудаи ҷойноми тоҷикии Ванҷ мебошад.<ref name="fn3" />
Дар боби решаи ин ном ақидаҳо мухталифанд. Донишманди тоҷик Гулшанӣ дар китобаш ''«Таърихи ҳумоюн»'', ки соли 1328 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 1910 милодӣ навиштааст, онро табдилёфтаи номи дарёи Панҷ шумурда, дар бораи диёри Ванҷ мегӯяд:
''«Қасабаи Ванҷ ба тарафи шарқии Дарвоз, ба таҳти ақабаи Боми Дунё воқеъ аст ва дар он ҷониб манбаи дарёи Омӯя ва Ҷайҳун ва онро Чашмаи Панҷ мегӯянд, аз қуллаи шомихи кӯҳи Боми Дунё набаъон менамоянд. Аз андак масофат, панҷ чашма ба як ҷо ҷамъ мешавад ва ғарбан ҷараён менамояд ва онро чашмаи Панҷ мегӯянд ва он қасабаро Ванҷ меноманд, ки он муҳаррафи Панҷ аст. Оби аввали наҳри Ҷайҳун ҳамин аст»''.<ref name="fn6">Гулшанӣ. Таърихи ҳумоюн. --- Душанбе, 2006. --- С. 157.</ref>
Тадқиқоти забоншиносии баъдина ин ривояти халқиро тасдиқ намекунад. Эроншиноси маъруф Д. И. Эделман дар пажӯҳиши бунёдии худ ''«Географические названия Памира»'' (''«Номҳои ҷуғрофии Помир»''), ки соли 1975 дар маҷмуаи ''«Страны и народы Востока»'' ба чоп расидааст, решаи вожаи ''«Ванҷ»''-ро мушаххасан шарҳ намедиҳад, балки онро номи аслии худи водӣ мешуморад, ки номи дарёи Ванҷов (Ванҷ + ''«об»'') низ аз он гирифта шудааст.<ref name="fn7">Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. --- М.: Наука (ГРВЛ), 1975. --- С. 41--62.</ref> Тибқи мушоҳидаи ӯ, ҳамсоягони язғуломизабони ин водӣ онро на ''«Ванҷ»'', балки ''«Вавз»'' меноманд, ки ин худ далели дигаре бар куҳансолии эҳтимолии ин ном аст.<ref name="fn7" /> Забони куҳани ванҷии аз байнрафта, ки сокинони маҳаллӣ то охири асри XIX бад-он сухан мегуфтанд, ''«ванҷивор»'' (vanǰivor)-аш меномиданд,<ref name="fn8">Лашкарбеков Б. Б. Старованджский язык (vanǰivor) // Основы иранского языкознания: Среднеиранские и новоиранские языки / под ред. В. А. Ефимова. --- М.: Восточная литература, 2008. --- С. 61--109.</ref> вале дар адабиёти дастрас пажӯҳише, ки решаи номи ''«Ванҷ»''-ро аз вожаҳои ҳамин забон ба даст оварда бошад, ёфт нашуд. Дар маҷмуъ, Эделман хулоса мебарорад, ки аксари номҳои ҷуғрофии Помири Ғарбию Ҷанубӣ бо ёрии забонҳои имрӯза шарҳнопазиранд, ки ин аз бостонӣ будани онҳо гувоҳӣ дода, эҳтимоли тааллуқи баъзеи онҳоро ба забонҳои куҳани пешин (субстратӣ) нишон медиҳад.<ref name="fn7" />
Худи Д. И. Эделман дар ҳамин мақола сабаби ин дугонагии номро возеҳтар шарҳ дода, чунин овардааст:
''«Иногда различные названия одного и того же пункта отражают различные исторические обстоятельства. Так, населенный пункт — административный центр Ванча имеет два названия. Первое — официальное, значащееся на картах — «Ванч» является редакцией старого названия находившейся здесь когда-то крепости, которая именовалась просто Кала (qala) 'крепость' или Кала-и Вандж 'Ванджская крепость'. Второе — название самого кишлака, которое до сих пор остается в обиходе у местного населения и жителей соседних долин — «Рохарв».»''
Тарҷума: ''«Баъзан номҳои мухталифи як маҳал вазъиятҳои гуногуни таърихиро инъикос менамоянд. Чунончи, маҳалли аҳолинишин — маркази маъмурии Ванҷ — ду ном дорад. Аввалин — номи расмӣ, ки дар харитаҳо зикр мешавад, — «Ванҷ» аст, ки таҳрирёфтаи номи қадимии қалъаест мебошад, ки замоне дар ин ҷо буд ва онро танҳо Қалъа (qala) ё Қалъаи Ванҷ меномиданд. Дуюмин — номи худи русто аст, ки то ҳанӯз дар гуфтугӯи мардуми маҳаллӣ ва сокинони водиҳои ҳамҷавор боқӣ мондааст — «Рохарв».»''.<ref name="fn9">Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 42.</ref>
Бино бар ин, то имрӯз дар илми забоншиносии эронӣ решашиносии қатъӣ ва ба таври васеъ пазируфташудаи вожаи ''«Ванҷ»'' пешниҳод нашудааст: ривояти Гулшанӣ дар боло намунаи анъанаи омиёна ва таърихии маҳаллист, на натиҷаи таҳлили илмии забонӣ. Коршиносон, ин номро қадимӣ мешуморанд ва эҳтимол медиҳанд, ки он ба давраи пеш аз паҳншавии забони тоҷикӣ дар ин минтақа тааллуқ дошта бошад, бидуни он ки то ба ҳол решаи дақиқи онро муайян созанд.
Номи Ванҷ соли 2023 ба бузургтарин лозури Помир низ гузошта шуд: 31 июли соли 2023 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лозури Федченко расман Ванҷях номгузорӣ гардид.<ref name="fn10">Ледник Ванджях -- один из самых больших ледников Таджикистана и горных систем мира (рус.) // НИАТ «Ховар», 9 июни 2024. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn11">СМИ: крупнейший на Памире ледник Федченко переименован в «Ванджях» (рус.) // Радиои Озодӣ, 20 августи 2023. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Ҷойгоҳ ==
Ноҳияи Ванҷ бо сарзамини 4430,5 км² дар миёни қаторкӯҳҳои Дарвоз ва Язғулом воқеъ аст. Дар шимол бо ноҳияи Сангвор (Тавилдараи пешин), дар шарқ бо ноҳияи Мурғоб, дар ҷануб бо ноҳияи Рӯшон, дар ғарб бо ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ва дар ҷанубу ғарб, аз тариқи рӯди Панҷ, бо ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшони Афғонистон ҳаммарз мебошад.<ref name="fn1" /> Марзи шарқии ноҳияро қаторкӯҳи Академияи илмҳо ташкил медиҳад.<ref name="fn12">Republic of Tajikistan, map showing administrative division as of January 1, 2004, «Tojikkoinot» Cartographic Press, Dushanbe.</ref>
Аз шимолу шарқи ноҳия ба ҷанубу ғарби он рӯдҳои Ванҷ) ва Язғулом ҷорӣ мешаванд, ки ба рӯди Панҷ мерезанд. Сарзамини ноҳия ду водии нисбатан васеи Бадахшонро дар бар мегирад. Яке аз онҳо дараи рӯди Ванҷ аст, ки беш аз 150 км дарозо дорад ва аз лозурҳои Ҷамъияти ҷуғрофӣ, Хирсон ва Абдуқаҳҳор оғоз мегирад. Водии дигар дараи рӯди Язғулом аст, ки дар миёни қаторкӯҳҳои Язғулому Рӯшон ҷой гирифтааст. Ин ду водиро аз ҳамдигар қаторкӯҳи Ванҷ ҷудо мекунад.<ref name="fn12" /> Баландии маҳал аз сатҳи дарё аз 1500 то 5000 метр мебошад.
Дар бораи сабаби номгузории қаторкӯҳҳои атрофи Ванҷ, Д. И. Эделман чунин таваҷҷуҳ медиҳад:
''«Названия хребтов в исконной топонимии не прослеживаются. Те наименования, которые мы видим сейчас на географических картах,— позднейшие. Они даны исследователями в основном по принципу смежности с той или иной долиной. Ванчский хребет отделяет Ванч от Язгулема, Язгулемский хребет — Язгулем от Рушана-Бартанга, Рушанский — долину Рушана от Гунта…»''
Тарҷума: ''«Номҳои қаторкӯҳҳо дар ҷойномҳоии аслӣ дида намешаванд. Номҳое, ки мо имрӯз дар харитаҳои ҷуғрофӣ мебинем, аз давраҳои баъдтаранд. Онҳоро муҳаққиқон асосан бар мабнои усули ҳамҷаворӣ бо ин ё он водӣ гузоштаанд. Қаторкӯҳи Ванҷ, Ванҷро аз Язғулом ҷудо мекунад, қаторкӯҳи Язғулом — Язғуломро аз Рӯшону Бартанг, қаторкӯҳи Рӯшон — водии Рӯшонро аз Ғунд…»''.<ref name="fn13">Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 47.</ref>
Дарёи Ванҷ (Ванҷоб) 103 км дарозӣ ва 2070 км² ҳавзаи обғундорӣ дорад. Он аз ҳамроҳшавии ду шохоб падид меояд: яке аз лозурҳои нишебии шимолии қаторкӯҳи Ванҷ сарчашма мегирад, дигаре бошад – аз нишебиҳои ғарбии қаторкӯҳи Академияи илмҳо. То резишгоҳи шохоби Кашолаях худи дарё номи Абдуқаҳҳорро дорад; танҳо пас аз ҳамроҳ шудан бо ин шохоб он ба номи Ванҷоб мубаддал мегардад. Сарфи миёнаи солонаи об дар резишгоҳи дарё 49,4 м³/с аст.<ref name="fn14">Ванч (рус.) // Большая советская энциклопедия. --- 3-е изд. --- М.: Советская энциклопедия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дарёи Язғулом 80 км тӯл кашида, масоҳати ҳавзаи он 1970 км²-ро ташкил медиҳад; қисми болоии он то ҳамроҳшавии дарёи Ракзов Мазордара номида мешавад, сарфи миёнаи об дар поёноби дарё 36,2 м³/с буда, ғизои дарёҳои ноҳия асосан барфию лозурист ва сермобтарин моҳ июл аст.<ref name="fn1" />
Тавсифи муфассали гидрографии дарёи Ванҷро низ капитан Кузнецов ҳанӯз соли 1892 сабт кардааст. Ба гуфтаи ӯ, дарё аз ду шохоб — оби-Кашолаях (аз рост) ва оби-Абдуқаҳҳор (аз чап) — сарчашма мегирад, ки худ аз лозурҳои Куҳи-Лазурӣ об мегиранд, ва номи муосири шохоби ''«Абдуқаҳҳор»'', ки ҳанӯз дар гуфтаи боло зикр омада буд, маҳз бо ҳамин навиштаи асри XIX мутобиқат мекунад:
''«Рѣка оби-Ванчъ, берущая начало двумя рѣками: правой оби-Кашалъ-Аякъ и лѣвой оби-Абдукогоръ изъ ледниковъ Куи-Лазырь, течетъ въ юго-западномъ направленіи въ большинствѣ случаевъ разливаясь на много рукавовъ и образуя массу острововъ–тугаевъ.»''
Тарҷума: ''«Дарёи оби-Ванҷ, ки аз ду рӯд — рости оби-Кашолаях ва чапи оби-Абдуқаҳҳор — аз лозурҳои Куҳи-Лозурӣ сарчашма мегирад, дар самти ҷанубу ғарбӣ ҷараён дошта, дар аксари ҳолат ба бисёр шохобчаҳо тақсим мешавад ва анбӯҳи ҷазираҳо — тӯғайҳоро ба вуҷуд меорад»''.<ref name="fn15">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 32.</ref> Кузнецов инчунин баландии рустоҳои соҳили дарёи Ванҷро аз сатҳи баҳр чен кардааст: аз резишгоҳи он ба Панҷ (5110 қадам) то рустоҳои Рохарв (6250 қадам), Бунай (6590 қадам), Техарв (7260 қадам), Старғ (7670 қадам) ва Ванван (8020 қадам); ва дар бораи қаторкӯҳи байни Ванҷу Язғулом, ки имрӯз бо номи қаторкӯҳи Ванҷ маъруф аст, чунин навиштааст:
''«Горный хребетъ, расположенный между рѣками Ванчъ и Язгулемъ, носитъ названіе Ванчскаго. Восточная его часть покрыта вѣчными снѣгами и ледниками, западная – скалистая. Растительности на немъ нѣтъ никакой.»''
Тарҷума: ''«Қаторкӯҳе, ки миёни дарёҳои Ванҷу Язғулом воқеъ аст, номи Ванҷро дорад. Қисми шарқии он бо барфу лозурҳои ҷовидона пӯшида аст, қисми ғарбӣ бошад — сахраист; дар он ҳеҷ гуна рустание вуҷуд надорад»''.<ref name="fn13" />
Ванҷ дар соҳили яке аз шохобҳои бузурги рости дарёи Панҷ (болооби Ому), ки бо номи Ванҷоб маъруф аст, ҷой гирифтааст. Масофа аз маркази ноҳия то шаҳри Хоруғ 176 км ва то шаҳри Душанбе 387 км аст.
Тавсифи аввалини илмии ҷуғрофии қаторкӯҳҳои иҳотакунандаи водии Ванҷ ба шарқшиноси рус А. А. Семёнов тааллуқ дорад, ки соли 1898 дар доираи экспедитсияи расмии граф А. А. Бобринский аз ин минтақа дидан карда буд. Ӯ дар китоби худ навиштааст:
''«Часть Дарваза по правую сторону Пянджа (Сѣверный Дарвазъ) занимаетъ западный склонъ Памирскаго плоскогорья: этотъ край изрѣзываютъ глубокими долинами рѣкъ: Пянджа и его притоковъ справа: Оби-Хингоу, Ванджа и Язгулина. Водораздѣломъ этихъ рѣкъ служатъ два высокихъ хребта: Дарвазскій, между рр. Оби-Хингоу и Ванджемъ, и Ванджскій,–между долинами Ванджа и Язгулина... Въ верховьяхъ Ванджа всѣ упомянутыя горныя цѣпи сходятся въ одинъ узелъ и сливаются съ Памирами.»''
Тарҷума: ''«Қисми Дарвоз, ки дар канори рости Панҷ ҷойгир аст (Дарвози Шимолӣ), нишеби ғарбии баландсаҳрои Помирро фаро мегирад: ин канораро водиҳои амиқи дарёҳо буридаанд – Панҷ ва шохобҳои рости он: Оби-Хингов, Ванҷ ва Язғулом. Марзи обҷудокунии ин дарёҳоро ду қаторкӯҳи баланд ташкил медиҳанд: Дарвоз – миёни рӯдҳои Оби-Хингову Ванҷ, ва Ванҷ – миёни водиҳои Ванҷу Язғулом... Дар болооби Ванҷ ҳамаи ин қаторкӯҳҳои зикршуда ба як гиреҳ мепайванданд ва бо Помир мепайванданд»''.<ref name="fn16">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 6.</ref>
Дар ҳамин гиреҳи кӯҳӣ, ки қаторкӯҳҳои Ванҷу Дарвоз бо Помир мепайванданд, Семёнов ағбаи баландеро ба қайд гирифтааст, ки ба болооби Ванҷ мебарад: ''«Въ этомъ горномъ узлѣ лежить на высотѣ свыше 15 тыс. футовъ надъ уровнемъ моря перевалъ Сытаргй въ долину р. Вандж, или Ванча»'' – тарҷума: ''«Дар ҳамин гиреҳи кӯҳӣ, дар баландии зиёда аз 15 ҳазор фут аз сатҳи баҳр, ағбаи Сытаргӣ ба водии дарёи Вандж (Ванҷ) ҷойгир аст»''.<ref name="fn17">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 7.</ref>
=== Лозурҳо ва қуллаҳо ===
Болооби дараи Ванҷ, ки дар он ҷо рӯд номи Абдуқаҳҳор (Абдукагор)-ро дорад, аз калонтарин марказҳои лозурии Помир ба шумор меравад. Бузургтарин лозури ҳавзаи рӯди Ванҷ лозури Ҷамъияти ҷуғрофӣ мебошад, ки дар маҳалли пайвастшавии қаторкӯҳҳои Академияи илмҳо ва Дарвоз ҷой гирифта, дарозиаш 24,2 км ва масоҳаташ 64,4 км² аст. Ин лозур соли 1882 кашф гардида, соли 1928 ба шарафи Ҷамъияти ҷуғрофии Русия номгузорӣ шудааст.<ref name="fn18">Ледник Географического общества на Памире тает (рус.) // Сомонаи расмии Ҷамъияти ҷуғрофии Русия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар ҳавзаи Абдуқаҳҳор, дар нишебии ғарбии қаторкӯҳи Академияи илмҳо, лозури Хирс (дар адабиёти илмии русӣ – Медвежий) воқеъ аст, ки бо ҳаракатҳои даврии ногаҳонии худ (сёрҷ) дар ҷаҳон шуҳрат дорад. Дарозии лозури Хирс 15,8 км ва масоҳаташ 25,3 км² аст; ҳавзаи барфии он дар баландии беш аз 5500 м бо ҳавзаи лозури Ванҷях (Федченко) муштарак буда, забонаи борику дарози он бо яхшораи (ледопад) 900-метра аз ҳавзаи ғизогирии фирнӣ ба дараи чуқур, то баландии 2900 м, фуруд меояд.<ref name="fn19">Медвежий ледник // Словарь современных географических названий / Рус. геогр. о-во. Моск. центр; под общ. ред. акад. В. М. Котлякова. --- Екатеринбург: У-Фактория, 2006.</ref> Забонаи ин лозур дар зарфи чанд моҳ то 2 км ба поёни дара пеш рафта, маҷрои дарёи Абдуқаҳҳорро мебандад ва кӯли лозурӣ ба вуҷуд меоварад, ки шикофта шудани он ба обхезиҳои харобиовар дар водии Ванҷ оварда мерасонад. Чунин ҳаракатҳо дар солҳои 1916, 1937, 1951, 1963, 1973, 1989, 2001 ва 2011 ба қайд гирифта шудаанд.<ref name="fn20">Ледник Медвежий в хребте Академии Наук (рус.) // Silk Road Adventures. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ҳангоми ҳаракати соли 1963 лозур қариб 1,75 км пеш рафта, дараи Абдуқаҳҳорро баст ва дар он сол ду маротиба (19 июн ва 3 июл) обхезиҳои лозурӣ рӯй доданд. Соли 1973 садди яхине бо паҳноии тақрибан ним километр ва баландии саду панҷоҳ метр дараро банд карда, дар паси он кӯле бо чуқурии то 110 метр пайдо шуд; 19 июни соли 1973, вақте ки дар кӯл 27 млн м³ об ҷамъ омада буд, рахнашавии он ба амал омад.<ref name="fn21">Виноградов Ю. Б. Сведения о прорывах озёр, подпруженных ледниками (рус.). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар қисмати шарқии қаторкӯҳи Язғулом, дар марзи ҷанубу шарқии ноҳия, қуллаи Истиқлол (то соли 2006 – қуллаи Революция; 6940 м) – чорумин қуллаи баланди Тоҷикистон қомат афрохтааст. Дар домани шимолии он лозури бузурги Федченко – дарозтарин лозури кӯҳии ҷаҳон берун аз минтақаҳои қутбӣ (77 км) оғоз меёбад.<ref name="fn22">Пик Революции (рус.) // Wiki.risk.ru. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Ин лозур, ки соли 1878 онро Василий Ошанин кашф карда, ба шарафи табиатшинос Алексей Федченко номгузорӣ намуда буд, аз 31 июли соли 2023 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расман Ванҷях ном дорад.<ref name="fn10" /><ref name="fn11" /> Паҳноии миёнаи лозур 2 км ва ҳадди аксараш 5 км буда, ғафсии ях то 1 км ва ҳаҷми он ҳамроҳ бо шохобҳояш 144 км³ мерасад; лозур аз баландии 6200 м оғоз ёфта, забонааш то баландии 2909 м фуруд меояд ва дар силсилаи он 100 лозури хурду бузург, аз ҷумла 26 шохоби бевосита, ба ҳам пайвастаанд. Дар канори чапи лозур, дар баландии 4169 м, 7 августи соли 1933 истгоҳи гидрометеорологӣ кушода шуда буд, ки то соли 1995 бефосила кор кард ва соли 2004 дар доираи лоиҳаи байналмилалӣ дар он ҷо истгоҳи худкор насб гардид. Бар асари гармшавии иқлим лозур танҳо дар садаи XX дар танаи асосии худ тақрибан 15 км³ ях – даҳяки массаи худро – аз даст додааст.<ref name="fn10" />
Тибқи баррасиҳои лозуршиносии охирин, масоҳати умумии лозури Ванҷях (Федченко) тақрибан 700 км² арзёбӣ мешавад ва ҳаҷми умумии яхи он, бар пояи ченкунии ғафсии қабати ях, 123,4 ± 28 км³ ҳисоб карда шудааст.<ref name="fn23">The evolution of Fedchenko glacier in the Pamir, Tajikistan, during the past eight decades (англ.) // Journal of Glaciology. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар тӯли 93 соли мушоҳидаи илмӣ (1928-2021), суръати миёнаи тағйири баландии сатҳи лозур ба −0,46 метр дар сол расидааст, ҳарчанд дар ду фосилаи алоҳида – солҳои 1958-1980 ва 2010-2021 – коҳиши баландии забонаи лозур ду баробар аз меъёри дарозмуддат тезтар будааст.<ref name="fn24">Multi-temporal elevation changes of Fedchenko Glacier, Tajikistan, from 1928 to 2021 (англ.) // EarthArXiv / Journal of Glaciology, 2024. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ченкуниҳои GNSS ва тасвирбардории радарии TanDEM-X нишон медиҳанд, ки мувозинати ҷирмии лозур аз −0,27 ± 0,05 метри муодили обӣ дар сол барои давраи 2000-2011 то −0,51 ± 0,04 метр дар сол барои давраи 2011-2016 бадтар шудааст, яъне суръати обшавии лозур дар даҳсолаи охир тақрибан ду баробар афзудааст.<ref name="fn25">Lambrecht A., Mayer C., Wendt A., Floricioiu D., Völksen C. Elevation change of Fedchenko Glacier, Pamir Mountains, from GNSS field measurements and TanDEM-X elevation models, with a focus on the upper glacier // Journal of Glaciology.</ref> Бо вуҷуди ин, азбаски забонаи лозур бо қабати ғафси хоку сангреза пӯшида аст, масоҳати намоёни он тайи даҳсолаҳо танҳо 1,4 фоиз тағйир ёфта, дар ҳоле ки ҳаҷми аслии яхи он коҳиши назаррас – тақрибан 5 км³ дар тӯли ҳашт даҳсола – доштааст.<ref name="fn23" /> Тибқи маълумоти барномаи UNEP GRID-Arendal, забонаи лозур аз соли 1933 инҷониб зиёда аз 1 километр ба ақиб нишастааст ва аз соли 1980 инҷониб тақрибан 50 метр паст шудааст.<ref name="fn26">Shrinking of Fedchenko Glacier in the Pamirs of Tajikistan (англ.) // UNEP GRID-Arendal. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Пажӯҳиши соли 2026 дар маҷаллаи ''«Remote Sensing»'' доир ба ҳавзаи лозурии дарёи Вахш, ки низоми лозурии Ванҷях (Федченко)-ро низ фаро мегирад, нишон дод, ки масоҳати умумии лозурҳои ин ҳавза аз 4440,9 км² дар соли 2000 то 4087,1 км² дар соли 2018 коҳиш ёфта, барои соли 2025 тахминан 3955,2 км² пешбинӣ мешавад; яъне тайи солҳои 2000-2025 масоҳати умумии лозурҳо 485,7 км² (10,94 фоиз) кам шуда, коҳиши миёнаи солона ба 19,43 км² мерасад.<ref name="fn27">Changes in Glaciers of the Vakhsh River Basin, Tajikistan Under Global Climate Change (англ.) // Remote Sensing, ҷ. 18, № 9, мақолаи 1436, 2026.</ref>
Қисмати шарқии кӯҳистони ноҳия, аз ҷумла шарқи қаторкӯҳи Ванҷ ва минтақаи лозури Федченко, ба ҳудуди Боғи миллии Тоҷикистон дохил мешавад, ки соли 1992 таъсис ёфтааст ва моҳи июни соли 2013 таҳти унвони ''«Боғи миллии Тоҷикистон (кӯҳҳои Помир)»'' ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардид.<ref name="fn28">Таджикский национальный парк «Горы Памира» включён в список Всемирного наследия ЮНЕСКО (рус.) // Маркази ахбори СММ, июни 2013. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn29">Таджикский национальный парк --- объект Всемирного наследия ЮНЕСКО (рус.) // Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Заминҷунбӣ ===
Ноҳияи Ванҷ дар минтақаи аз ҷиҳати заминҷунбӣ фаъол ҷой дорад. 2 январи соли 2010 дар шарқи Тоҷикистон заминҷунбие бо бузургии 5,1-5,4 рух дод, ки дар натиҷаи он дар маркази ноҳияи Ванҷ ва деҳаҳои Роғу Гишхунбеш аз 1050 бино хароб гардида, тибқи баъзе маълумот то 20 ҳазор нафар зарар диданд ва зиёда аз ҳазор сокин муваққатан бесарпаноҳ монданд.<ref name="fn30">Землетрясение магнитудой в 5,1 балла произошло в Таджикистане (рус.) // РИА Новости, 2--3 январи 2010. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn31">Смертоносная стихия: рассказываем про самые разрушительные землетрясения в Таджикистане и мире (рус.) // Диалог.TJ. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Иқлим ==
Иқлими ноҳияи Ванҷ қораӣ (континентӣ) аст; тобистонаш гарми бебориш, зимистонаш сарди камбарф; ҳарорати миёна дар моҳи июл 20-24 °C, дар январ аз −12 °C то −20 °C. Мизони борандагии солона 200-300 миллиметр аст. Баландиҳои 4000-5500 м марғзоранд, аз он болотар – тундраи кӯҳист. Дар баландкӯҳҳо иқлим ба куллӣ дигар аст: дар минтақаи лозури Ванҷях ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво ҳатто дар моҳҳои июн-сентябр ҳамагӣ +1,6 °C буда, миқдори солонаи боришот дар он ҷо ба 1192 мм мерасад, ки 99 дарсади он ба шакли барф меборад.<ref name="fn10" />
=== Таснифи иқлимӣ ва механизмҳои ташаккулёбандаи он ===
Тибқи таснифи байналмилалии иқлимшиносии Кёппен-Гейгер (Köppen-Geiger), иқлими қисми асосии водиҳои поёнии ноҳияи Ванҷ ба гурӯҳи Dsa – ''«иқлими қораии мӯътадил бо тобистони гарму хушк»'' – мансуб дониста мешавад.<ref name="fn32">Vanj (англ.) // Wikipedia, the Free Encyclopedia. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ин рамз се хусусияти бунёдиро ифода мекунад: ҳарфи D нишон медиҳад, ки ҳарорати миёнаи сардтарин моҳи сол аз −3 °C поёнтар аст ва барф дар зимистон қабати устувор ташкил медиҳад, дар ҳоле ки гармтарин моҳ аз 10 °C болотар аст; ҳарфи s далолат мекунад, ки боришоти моҳи хушктарини тобистон ба маротиб камтар аз боришоти моҳи сербориштарини зимистону баҳор аст; ҳарфи a нишон медиҳад, ки ҳарорати миёнаи гармтарин моҳи сол аз 22 °C зиёдтар аст. Ин таснифот танҳо то баландиҳои тақрибан 2000-2500 метр эътибори комил дорад; бо боло рафтан аз ин сатҳ, иқлим ба категорияҳои сардтару намноки Dsb ва Dsc мегузарад, дар баландиҳои беш аз 3500-4000 метр ба категорияи E (иқлими тундраи кӯҳӣ) ва дар минтақаи лозурҳо, аз ҷумла дар ҳавзаи Ванҷях, ба категорияи EF (иқлими яхбандии доимӣ) табдил меёбад.<ref name="fn33">Outlook on climate change adaptation in the Central Asian mountains (англ.) // Carpathian Convention. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Иқлими ноҳия натиҷаи таъсири мутақобилаи се механизми асосии атмосферист. Дар фасли зимистон (аз ноябр то март) минтақа таҳти таъсири канораи ҷанубу ғарбии Антитсиклони Сибирӣ қарор мегирад, ки массаҳои ҳавоии сарду хушкро ба водиҳои Помир ворид карда, ҳавои софи вале шадидан сарди зимистонаро ба вуҷуд меорад.<ref name="fn34">Рамочная модель управления экологическими и социальными охранными мерами (РМУЭСОМ) (рус.) // ECDP.TJ. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар охири зимистону фасли баҳор, силсилабодҳои ғарбӣ (Westerlies), ки аз уқёнуси Атлантик ва баҳри Миёназамин ҷараён мегиранд, манбаи асосии намӣ ва боришот мебошанд; вақте ин сиклонҳо ба қаторкӯҳҳои баланди Ванҷу Язғулом бармехӯранд, раванди боришоти орографӣ (кӯҳсоз) рӯй медиҳад, ки боиси резиши миқдори зиёди борону барф мегардад. Дар моҳҳои июлу август бошад, гармшавии шадиди сатҳи замин дар биёбонҳои Афғонистону Эрон боиси пайдоиши минтақаҳои фишори паст мегардад, ки массаҳои ҳавоии тропикии хушкро ба минтақа ворид карда, равандҳои абрсозиро бозмедоранд ва давраи хушксолии тобистонаро фаро меоранд. Бо сабаби парокандагии шабакаи истгоҳҳои обуҳавосанҷӣ дар кӯҳистони Помир, таҳлили дақиқи микроиқлимҳои алоҳида – ҳатто бо истифода аз пойгоҳҳои додаҳои глобалӣ ба монанди MERRA-2 – то ҳанӯз кори мураккабе боқӣ мемонад.<ref name="fn35">Modeling of historical and future changes in temperature and precipitation in the Panj River Basin in Central Asia under the CMIP5 RCP and CMIP6 SSP scenarios (англ.) // PMC. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Низоми ҳарорат ===
Маълумоти мушаххаси истгоҳҳои метеорологии маҳаллӣ манзараи дақиқтари низоми ҳароратиро пешкаш мекунанд. Тибқи таҳлили илмии соли 2024, ки бар асоси мушоҳидаҳои истгоҳи обуҳавосанҷии Хумроғӣ (воқеъ дар ҳавзаи болооби рӯди Ванҷ) анҷом дода шудааст, ҳарорати миёнаи солона дар ин минтақа тақрибан ба +9,9 °C баробар аст.<ref name="fn36">Murodov, M.; Li, L.; Safarov, M.; Lv, M.; Murodov, A.; Gulakhmadov, A.; Khusrav, K.; Qiu, Y. A Comprehensive Examination of the Medvezhiy Glacier\\\'s Surges in West Pamir (1968--2023) (англ.) // Remote Sensing. --- 2024. --- Ҷ. 16, № 10. --- Мақолаи 1730. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Гармтарин моҳи сол июл буда, ҳарорати миёнаи он ба +23,0 °C мерасад,<ref name="fn36" /> баъзе манбаъҳои дигар ҳарорати миёнаи июлро дар маркази ноҳия то +25 °C арзёбӣ мекунанд.<ref name="fn32" /> Тибқи маълумоти сомонаҳои обуҳавосанҷии оммавӣ, дар давоми рӯзҳои гарми тобистон (масалан, дар охири июлу аввали август) ҳарорати нимирӯзӣ метавонад ба таври муназзам то +27...+32 °C боло равад.<ref name="fn37">Погода в Ванче сегодня (рус.) // Gismeteo. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Сардтарин моҳи сол январ аст, ки тибқи маълумоти истгоҳи Хумроғӣ ҳарорати миёнааш аз −4,9 то −5,0 °C-ро ташкил медиҳад.<ref name="fn36" /><ref name="fn32" /> Ин рақам аз тавсифи умумии дар боло овардашуда (аз −12 то −20 °C), ки маъмулан дар сарчашмаҳои донишномавӣ дар бораи маркази ноҳия дода мешавад, фарқи назаррас дорад; чунин ба назар мерасад, ки ин тафовут на ихтилофи асл, балки натиҷаи фарқи мавқеи чен ва усули ҳисоб бошад – рақами дуюм эҳтимолан ба ҳарорати шабонаи ниҳоии сардтарин рӯзҳо ё ба минтақаҳои баландтари ноҳия дахл дорад, дар ҳоле ки рақами якум ҳарорати миёнаи моҳонаро дар як истгоҳи мушаххас инъикос мекунад. Муҳимтарин хусусияти ин иқлим амплитудаи миёнаи солонаи ҳарорат аст, ки ба 27,9 °C мерасад ва гувоҳи равшани набудани таъсири мӯътадилкунандаи баҳрҳо мебошад.<ref name="fn36" />
Ҳароратҳои фавқулода низ ба қайд гирифта шудаанд: тибқи як ҳуҷҷати арзёбии экологию иҷтимоӣ, дар моҳи июли соли 2013 ҳарорати ҳаво дар ноҳия то +36,6 °C расидааст, дар ҳоле ки дар моҳи январи соли 2012 пасттарин ҳарорати мутлақ −20,5 °C ба қайд гирифта шуд;<ref name="fn34" /> тафовути миёни ин ду нишондиҳанда – беш аз 57 дараҷа – худ далели равшани шиддати иқлими қораии кӯҳистонии ноҳия аст.
Бо ҳар 100 метр болоравии баландӣ, ҳарорати ҳаво, тибқи қонунияти умумии физикаи атмосфера, ба ҳисоби миёна 0,6 °C коҳиш меёбад; маҳз ҳамин градиенти амудӣ сабаб мешавад, ки дар ҳоле ки дар маркази ноҳия тобистон гармои то 30 дараҷа ҳукмфармост, дар баландиҳои болои 4000 метр шароити наздик ба зимистон боқӣ мемонад. Дар минтақаи лозури Ванҷях, тавре ки дар боло зикр гардид, ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво ҳатто дар моҳҳои июн-сентябр ҳамагӣ +1,6 °C-ро ташкил медиҳад, ки шабнаму яхбандии шабонаро дар он ҷо ҳатто дар авҷи тобистон табиӣ мегардонад.
=== Боришот ва намнокии ҳаво ===
Тақсимоти боришот дар ноҳияи Ванҷ, мисли ҳарорат, ба таври шадид вобаста ба баландӣ тағйир меёбад. Тибқи маълумоти истгоҳи Хумроғӣ, боришоти миёнаи солона дар ҳавзаи болооби рӯди Ванҷ ба 341 мм мерасад,<ref name="fn36" /> дар ҳоле ки дар қисматҳои поёнии водӣ ин рақам ба 200-300 мм наздик аст (ниг. боло), ва дар баъзе минтақаҳои миёнакӯҳ, тибқи баъзе сарчашмаҳо, то 626 мм низ мерасад.<ref name="fn32" /> Хусусияти муҳимтарин на ҳаҷми умумии боришот, балки тақсимоти бениҳоят нобаробари он дар тӯли сол аст: моҳи сербориштарин март буда, ба ҳисоби миёна 64 мм боришот дорад ва бо обшавии ҳамзамони барфҳои кӯҳӣ сатҳи оби Ванҷобу Язғуломро кескин боло мебарад; моҳи хушктарин бошад, август аст, ки миқдори боришот дар он ҳамагӣ ба 1 мм мерасад.<ref name="fn36" /> Тафовути 63-миллиметра миёни ин ду моҳ нишондиҳандаи равшани хушксолии мутлақи тобистона мебошад.<ref name="fn36" />
Намнокии нисбии ҳаво низ ба ҳамин ритми мавсимӣ пайравӣ мекунад: дар авҷи тобистон он метавонад то 18-24 фоиз коҳиш ёбад,<ref name="fn38">Погода в Ванче (Таджикистан) (рус.) // JSPRAV.ru. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> ки боиси бухоршавии босуръати намӣ аз сатҳи хоку баргу набот гардида, эҳтиёҷи кишоварзиро ба обёрии сунъӣ хеле меафзояд. Дар муқобил, дар минтақаи баландкӯҳии лозури Ванҷях, тавре ки дар боло омад, миқдори солонаи боришот ба 1192 мм мерасад, ки 99 дарсади он ба шакли барф меборад – рақаме, ки таъсири орографии (кӯҳсози) қаторкӯҳҳои Ванҷу Академияи илмҳоро ба таври возеҳ нишон медиҳад: ҳангоме ки массаҳои ҳавоии намнок ба ин деворҳои азим бармехӯранд, ба боло ҳаракат карда, сард мешаванд ва намии худро дар шакли боришоти шадид дар минтақаҳои баландтар мепартоянд, дар ҳоле ки водиҳои поёнӣ дар ''«сояи боришот»'' боқӣ мемонанд.
Хоки водиҳо ҷигарӣ ва чаманзорӣ (чимтолӣ); хоки кӯҳҳо ва нишебиҳои онҳо даштӣ ва марғзору баландкӯҳ, ҷо-ҷо регзор аст. Аксари хокҳо серсанганд.
Дар водиҳо набототи даштӣ, дар кӯҳҳо ва доманаи онҳо дарахтони бед, арча, сафедор, буттаҳои ангат, зирк, бушол, настаран; дар баландии 2000-4000 м камол, юған, торон, ревоҷ (чукрӣ), куруш, фарк, курт, бодом, жағн, тӯс (буруҷ) ва ғайра мерӯянд. Дар водии Ванҷ дарахтони мевадор, аз қабили тут, зардолу, себ, чормағз хеле фаровонанд ва ҳосили хуб медиҳанд.
Аз ҳайвоноти ваҳшӣ паланг, хирс, гург, шағол, рӯбоҳ, оҳу, суғур, заргӯш, аз парандагон гунҷишк, ғулба, кабки реза, кабки дарӣ (ҳилол), кафтар, боз, ғалевоз, уқоб ва ғайра вомехӯранд.
=== Минтақабандии амудии эко-иқлимӣ ===
Бо сабаби тафовути шадиди баландӣ – аз 1500 метр дар қисматҳои поёнии водӣ то беш аз 6000 метр дар қуллаҳо – иқлими ноҳияи Ванҷ якранг нест, балки аз занҷираи пайдарпайи минтақаҳои эко-иқлимӣ иборат аст, ки ҳар кадоме шароити хоси гармову намнокӣ ва набототу ҳайвоноти мувофиқи худро доранд.
Дар баландии 1500-2000 метр, дар водиҳои Ванҷу Водхуд, иқлим гармтарину мусоидтарин аст; маҳз дар ҳамин минтақа, тавре ки дар боло зикр шуд, дарахтони меваовар – тут, зардолу, себу чормағз – ҳосили фаровон медиҳанд. Аз баландии 2000 то 4000 метр иқлим сардтар мешавад ва набототи дарахтии гармидӯст ҷои худро ба буттаву гиёҳҳои тобовар ба хушкии тобистона медиҳад; маҳз ҳамин минтақа, тибқи таҳқиқоти экологии барномаҳои ҷаҳонии ҳифзи табиати Осиёи Марказӣ, макони зисти намудҳои нодири эндемикӣ – аз ҷумла гиёҳи [*Nepeta badachschanica]* ва шабпараки нодири кӯҳӣ [*Parnassius autocrator]* – маҳсуб мешавад.<ref name="fn39">World Heritage thematic study for Central Asia (англ.) // IUCN Portals. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар баландии 4000-5500 метр, дар минтақаи тундраи кӯҳӣ ва марғзорҳои алпӣ, набототи дарахтӣ комилан аз байн меравад ва танҳо гиёҳҳои пастқад, ушна ва сангфаш (лишайник) боқӣ мемонанд; фаунаи ин минтақа – аз ҷумла паланг, хирс, суғур ва кабки дарӣ (ҳилол) – бештар дар фасли тобистон ба ин баландиҳо мебарояд ва бо фарорасии зимистон ба минтақаҳои поёнии гармтар муҳоҷирати амудӣ мекунад.<ref name="fn39" /> Ниҳоят, аз баландии 5500 метр боло, дар минтақаи нивалӣ-лозурӣ, олами яхбандии доимӣ оғоз мешавад, ки ба иқлими қутбҳои Замин монандӣ дорад ва манбаи асосии ғизогирии лозурҳои бузурги ноҳия, аз ҷумла лозури Ванҷях, ба шумор меравад.
=== Хатарҳои гидрометеорологӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ===
Иқлими шадидан қораии ноҳияи Ванҷ, ки бо боришоти пуршиддати баҳорӣ ва хушксолиҳои шадиди тобистона тавсиф мешавад, минтақаро ба яке аз осебпазиртарин ноҳияҳо аз лиҳози хатарҳои гидрометеорологӣ дар тамоми ҳавзаи рӯди Панҷ табдил додааст.<ref name="fn40">Climate Change Vulnerability Assessment Republic of Tajikistan: Building Climate Resilience in the Pyanj River Basin (англ.) // Climate Investment Funds (CIF). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ду омили асосии иқлимӣ сабабгори аксари сел ва обхезиҳо мебошанд. Аввал, вақте ки боришоти шадиди баҳорӣ бо баландшавии ногаҳонии ҳарорат ҳамроҳ мешавад, барфҳои нишебиҳои кӯҳӣ босуръат об шуда, заминро аз ҳад зиёд сернам мекунанд ва ба лағжиши қабатҳои замин ва фаромадани селҳои лойқадор оварда мерасонанд.<ref name="fn36" /> Дуюм, ҳангоме ки ҳарорати нимирӯзии тобистона ба атрофи +30 °C мерасад, суръати обшавии лозурҳо ба ҳадди аксар расида, метавонад боиси обхезиҳои ногаҳонии кӯлҳои лозурӣ гардад,<ref name="fn38" /> падидае, ки, тавре ки дар бахши ''«Лозурҳо ва қуллаҳо»'' зикр гардид, дар мисоли лозури Хирс борҳо ба амал омадааст.
Тибқи арзёбии осебпазирии иқлимӣ, ки дар доираи лоиҳаи минтақавии ''«Ташаккули устувории иқлимӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ»'' анҷом дода шудааст, деҳаҳои ноҳияи Ванҷ, аз ҷумла дар ҷамоатҳои Водхуду Язғулом, дар қатори минтақаҳои дорои хатари миёна ва баланди зарар аз сел ва обхезӣ гурӯҳбандӣ шудаанд.<ref name="fn40" /><ref name="fn41">45354-002: Building Climate Resilience in the Pyanj River Basin (англ.) // Asian Development Bank. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Барои коҳиш додани ин осебпазирӣ, дар доираи лоиҳаҳои байналмилалии мутобиқшавӣ ба иқлим, дар ҳудуди ҷамоати Водхуд корҳои мустаҳкамкунии соҳили рӯди Ванҷоб ва барқарорсозии лӯлаҳои оби полезӣ анҷом дода шудаанд, ки ҳадафи онҳо ҳифзи заминҳои кишоварзӣ аз сел ва кафолати таъминоти об дар давраҳои хушксолии шадид мебошад.<ref name="fn40" /> Ин гуна тадбирҳои инфрасохторӣ, дар якҷоягӣ бо гузариш ба неруи барқи хурди обӣ (ниг. бахши ''«Энергетика»'') ва вобастагии иқтисоди хонаводаҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ (ниг. бахши ''«Муҳоҷирати меҳнатӣ»''), нишондиҳандаи равшани он мебошанд, ки иқлими шадиди кӯҳистонӣ на танҳо омили табиӣ, балки муайянкунандаи асосии тарзи зиндагӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ванҷ боқӣ мемонад.
{| class="wikitable"
|+Ҷадвали 1. Хулосаи нишондиҳандаҳои иқлимии ноҳияи Ванҷ<ref name="fn36" /><ref name="fn32" /><ref name="fn34" /><ref name="fn37" /><ref name="fn38" />
!Нишондиҳанда
!Қимат
!Тавзеҳ
|-
|Ҳарорати миёнаи солона
| +9,9 °C
|Истгоҳи Хумроғӣ
|-
|Ҳарорати миёнаи июл (гармтарин моҳ)
| +23,0...+25,0 °C
|Хумроғӣ / маркази ноҳия
|-
|Ҳарорати миёнаи январ (сардтарин моҳ)
|−4,9...−5,0 °C
|Истгоҳи Хумроғӣ
|-
|Амплитудаи миёнаи солонаи ҳарорат
|27,9 °C
|Нишондиҳандаи иқлими қораӣ
|-
|Максимуми мутлақ (рекорд)
| +36,6 °C
|Июли соли 2013
|-
|Минимуми мутлақ (рекорд)
|−20,5 °C
|Январи соли 2012
|-
|Боришоти солона (Хумроғӣ)
|341 мм
|Ҳавзаи болооби рӯди Ванҷ
|-
|Моҳи сербориштарин
|64 мм
|Март
|-
|Моҳи хушктарин
|1 мм
|Август
|-
|Намнокии нисбии ҳаво дар тобистон
|18-24 %
|–
|}
== Таърих ==
Ванҷ таърихи чандинҳазорсола дорад, ки осори таърихии он то ҳол пойбарҷоянд, аммо касе аз донишмандони таърих ва бостоншиносони тоҷик ба пажӯҳиши ҷиддии ин ганҷинаи таърих домани ҳиммат барназадааст. Сағонаҳо ва дахмаҳои Ванҷ худ далели ошкори таърихи чандҳазорсолаи ин куҳанбуманд. Бо ин ҳама, таърихи навини водӣ дар осори муаррихони тоҷик – мақолаи академик Раҳим Масов ''«Оид ба таърихи водии Ванҷ»'' ва китобҳои профессор Ҳайдаршо Пирумшоев – мавриди баррасии махсус қарор гирифтааст.<ref name="fn42">Масов Р. М. К истории Ванчской долины // Мероси ниёгон. --- Душанбе, 1999. --- № 4. --- С. 20--30.</ref><ref name="fn2" />
Сарнавишти таърихии Ванҷ аз дигар мавзеъҳои тоҷикнишини Бухорои Шарқӣ ва ғарби Бадахшон чандон фарқе надошт. Фоҷиаҳое, ки дар ин ё он гардиши таърихӣ, мисли ҳуҷуми муғулҳо, темуриён ва тозиши дигар қабилаҳои кӯчии туркнажод ва хунрезиҳои ваҳшиёна дар давраи парокандагии феодалӣ рух доданд, бар ин сарзамин бетаъсир набуданд. Тоҷиконе, ки зери таъқибу фишори аҷнабиён қарор гирифта буданд, барои ҳифзи ҷони худ ба тагнои ин дараҳои дастнорас, ба каронаҳои рӯдҳои кӯҳӣ паноҳ бурданд ва ба ҷойҳои дурдасте кӯчиданд, ки сокинони маҳаллӣ дар он солиёни дароз бо кӯшишу ранҷи сахт қитъаҳои хурди заминро барои кишт созгор мекарданд.
Далели мустақими мардумшиносии ин падидаи муҳоҷират аз ҷониби шарқшиноси рус А. А. Семёнов, ки соли 1898 дар доираи экспедитсияи расмии граф А. А. Бобринский ба кӯҳҳои Зарафшону Қаротегину Дарвоз сафар карда буд, сабт гардидааст:
''«Обитатели долины Ванджа говорили, что ихъ долина заселена недавно, лѣтъ сто тому назадъ, выходцами съ Хингоба. Это переселеніе, замѣтимъ, на Вандж съ Хингоба продолжается, вѣроятно, и до сихъ поръ: намъ здѣсь приходилось встрѣчать много туземцевъ, которые родились въ долинѣ Хингоба и недавно переселились на Ванджъ. Туземцы Дарваза по Пянджу передавали, что ихъ отцы заселили правый берегъ рѣки, когда лѣвый былъ занятъ, и пришли сюда изъ долины Хингоба, туда же переселились съ Ях-Су.»''
Тарҷума: ''«Сокинони водии Ванҷ мегуфтанд, ки водии онҳо на чандон пеш, тахминан сад сол қабл, аз ҷониби муҳоҷирони аз Хингов омада маскун шудааст. Ин муҳоҷират, бояд қайд кард, аз Хингов ба Ванҷ, эҳтимол, то ба имрӯз низ идома дорад: мо дар ин ҷо бисёр сокинонеро вохӯрдем, ки худашон дар водии Хингов таваллуд шуда, ба наздикӣ ба Ванҷ кӯчида буданд. Сокинони бумии Дарвоз дар соҳили Панҷ нақл мекарданд, ки падарони онҳо соҳили рости дарёро – вақте ки соҳили чап аллакай ишғол шуда буд – маскун сохтаанд ва ба ин ҷо аз водии Хингов омада буданд, ки худ пеш аз он аз Ях-Су ба он ҷо кӯчида буд»''.<ref name="fn43">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 20.</ref> Ин маълумоти мардумшиносӣ, ҳарчанд бар асоси ривояти шифоҳии сокинон дар охири асри XIX сабт шуда ва набояд ҳамчун санади мутлақи таърихӣ пазируфта шавад, бо ин ҳама, бо тасвири умумии дар боло овардашуда – ки водиро паноҳгоҳи гурезагони кӯҳистонӣ аз минтақаҳои гуногун меҳисобад – ҳамоҳангии комил дорад. Дар бораи таърихи куҳантари Ванҷ ҳанӯз манбаъи мувассақе ба даст нарасидааст. Аммо аз таҳқиқоти донишмандони руси тоинқилобӣ ва муҳаққиқони аҳди шӯравӣ бармеояд, ки Ванҷ қариб то охири асрҳои миёна истиқлоли худро нигоҳ медошт. Ин назарро донишманди маъруф, мутахассиси таърихи Бухорои Шарқӣ ва Бадахшон Б. Искандаров чунин баён кардааст:<ref name="fn44">Искандаров Б. И. Восточная Бухара и Памир во второй половине XIX в. Ч. 1--2. --- Душанбе, 1962--1963.</ref>
Аз мулкҳои қаламрави Дарвоз сокинони Ванҷ нисбатан мустақилияти воқеъиро соҳиб буданд. Ин ноҳияро кӯҳҳои баланд иҳота мекунанд ва он аз шоҳроҳи пайвандгоҳи мулкҳои кишвар дар канор, дар наздикиҳои доманаи лозури Федченко ҷой дорад. Аз ин ҷиҳат мулки номбурда барои аҷнабиён дастнорас буд. Ба ин нигоҳ накарда, хонҳои Қӯқанд дар охири асри XVIII - ибтидои XIX борҳо барои ғасбу тобеъ намуданаш кӯшиш ба харҷ додаанд, вале ҳама талафоту харҷашон беҳуда анҷом ёфтааст.
Ванҷ дар замони истилои муғулон ва салтанати Темуриён, Шайбониён ва Аштархониён ба таври расмӣ ҷузъи қаламрави онҳо шинохта мешуд, аммо амалан мустақил буд. Ин вазъиятро метавон дар замони ташаккули давлатдории Қӯқанд (авохири асри 18 - нимаи якуми асри 19) низ мушоҳида кард. Мувофиқи маълумоти маъхазҳо, Ванҷ то замони эътироф кардани ҳукумати шоҳи Дарвоз Исмоил (1845-1863) истиқлоли худро нигоҳ дошт. Дар замони ҳукмронии шоҳони вопасини Дарвоз (1863-1877) Ванҷ бахше аз қаламрави он ҳисоб меёфт. Баъд аз пайвастани Ванҷ ба Дарвоз иқтидори ҳокимони Дарвоз афзоиши чашмгире дошт, зеро бо ҳамроҳ шудани паҳлавонони ҳузарби ванҷӣ ба сафи лашкари Исмоилшоҳ имконоти ҷангии ӯ бамаротиб афзуд. Дар бораи муносибати мураккаби Ванҷ бо ҳокимони марказии Дарвоз, ки байни итоат ва муқовимат дар навасон буд, шаҳодати арзишманди дигаре аз офицери Штаби Генералии Русия, капитан А. Кузнецов боқӣ мондааст, ки соли 1892 ба таври пажӯҳиши ҳарбӣ аз Дарвоз дидан кардааст. Тибқи гузориши ӯ, гоҳе Шоҳони Дарвоз маҷбур мешуданд бар зидди бекҳои саркаши Ванҷ лашкар бифиристанд:
''«Тѣмъ не менѣе этимъ переваломъ во время оно Дарвозскіе Ша посылали войска съ артиллеріей въ Ванчъ на усмиреніе непокорныхъ бековъ, которые портили по Пянджу дорогу и занимали оборонительно тѣснины этой рѣки.»''
Тарҷума: ''«Бо ин ҳама, тавассути ҳамин ағба буд, ки замоне Шоҳони Дарвоз лашкар бо тӯпхона ба Ванҷ мефиристоданд, барои ба итоат овардани бекҳои саркаше, ки роҳи канори Панҷро вайрон мекарданд ва тангноҳои ин дарёро ба таври мудофиавӣ ишғол менамуданд»''.<ref name="fn45">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 12–13.</ref> Мисоли дигари ин рӯҳияи истиқлолхоҳонаи Ванҷ дар хотираи мардумӣ низ маҳфуз мондааст: тибқи иттилои Кузнецов, тахминан 120 сол пеш аз боздиди ӯ, яъне дар замони Шоҳ Иброҳими Дарвоз, ҳокими Ванҷ — Шабосхон — бо роҳи ағбаи Кашолаях ба Сариқул барои ғорати қирғизҳо лашкар кашида буд:
''«Послѣдній разъ этимъ переваломъ ходилъ управитель Ванча Шабосъ-ханъ въ Сары-Колъ грабить киргизъ. Это было 120 лѣтъ тому назадъ во время Дарвозскаго Ша-Ибрагима.»''
Тарҷума: ''«Бори охирин аз ҳамин ағба ҳокими Ванҷ, Шоҳаббосхон барои ғорати қирғизҳо ба Сариқул гузашта буд. Ин ҳодиса 120 сол пеш, дар замони Шоҳи Дарвоз Иброҳим, рӯй дода буд»''.<ref name="fn46">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 21–22.</ref>
Тибқи ривояти маҳаллӣ, ки муаррихон Р. Масов ва Ҳ. Пирумшоев дар асари бунёдии худ ''«Файзи истиқлол дар "Боми ҷаҳон"»'' сабт кардаанд, дар деҳаи Кулумбаи Боло то ба имрӯз нишонаҳои коркарди тилло боқӣ мондаанд, ки гӯё дар замони истилои муғулон навкарони Чингизхон мардуми маҳаллиро маҷбуран ба ин фаъолият сафарбар карда буданд.<ref name="fn47">Масов Р. М., Пирумшоев Ҳ. Файзи истиқлол дар «Боми ҷаҳон». --- Душанбе: Дониш, 2011. --- 412 с. --- ISBN 978-99947-2-004-0. --- С. 362--363.</ref> Ин ривоят нишон медиҳад, ки ҳарчанд қудратҳои бузург метавонистанд нуфузи худро ба таври муваққатӣ ва барои истихроҷи захираҳо таҳмил кунанд, онҳо ҳеҷ гоҳ натавонистанд назорати пурраи маъмуриро дар ин дараҳои маҳкам барқарор намоянд. Дар замони салтанати Темуриён низ, тибқи маълумоти муаррихи асримиёнагӣ Абдурраззоқи Самарқандӣ, агарчи минтақа расман дар итоати Темур буд, он аз ҷониби шоҳони маҳаллӣ идора мешуд ва ҳатто дар лашкари Темур ҳангоми муҳосираи Қалъаи Калот (соли 1381 милодӣ) дастаҳое аз сокинони Дарвозу Қаротегин хидмат мекарданд, ки гувоҳи иқтидори ҳарбии ин кӯҳистониён аст.<ref name="fn47" />
Дар охири асри XVIII ва нимаи якуми асри XIX хонҳои Қӯқанд якчанд маротиба кӯшиши тобеъ намудани Ванҷу Дарвозро ба харҷ доданд: дар замони салтанати Умархон (1810-1822) ва Мадалихон лашкаркашиҳои пайдарпай ба самти Қаротегину Дарвоз сурат гирифтанд; чунончи соли 1834 Мадалихон бо сарварии Машариф Атолиқ лашкари бузургеро барои саркӯб кардани шоҳзодагони фирории қӯқандӣ ба ин манотиқ фиристод, ки боиси даргириҳои шадид бо сипоҳиёни маҳаллӣ гардид.<ref name="fn48">Мудабирзода. Диссертатсия // Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш, 2025.</ref> Бо вуҷуди ин талошҳо ва хароҷоти зиёди ҳарбӣ, тавре ки дар боло аз қавли Искандаров зикр гардид, Ванҷ мустақилияти воқеии худро нигоҳ дошт.
Бо таваҷҷуҳ ба ин мавзӯъ, намояндаи расмии идораи Русия дар Туркистон Г. А. Арандаренко чунин қайд намудааст:
Дар давраи Исмоилшоҳ ба дарвозиён фурсат даст дод, ки ҳокимияти худро на танҳо дар Қаротегин ва Шуғнон густариш диҳанд, балки аз Кӯлобу Ҳисор низ боҷ биситонанд, гарчи дар муддати на чандон тӯлонӣ ҳам бошад.
Тибқи таҳқиқоти навтарин, Исмоилшоҳ дар авҷи иқтидори худ ба ин доираи васеъ ҳатто Рӯшонро низ тобеъ карда буд.<ref name="fn48" /> Вақте ки дар охирҳои солҳои 1860-ум ҳокимони Кӯлобу Ҳисор – Сарахон ва Абдулкаримбий – бо лашкари тахминан 50 ҳазор нафара ба муқобили ӯ бархостанд, Исмоилшоҳ бо дастгирии неруҳои содиқи худ, аз ҷумла паҳлавонони ванҷӣ, ба онҳо муқовимати шадид нишон дод.<ref name="fn48" />
Баъди ба Русия ҳамроҳ кардани Осиёи Миёна, амир Музаффар (1860-1885) бо дастгирии фармондори вилояти Туркистон манотиқи мустақиллу нимамустақилли Бухорои Шарқиро тасарруф кард ва нерӯҳои ҳарбии худро бо сарварии Худойназар (зимистони солҳои 1877-78) ба воситаи ағбаи Работ ба Қалъаи Хумб фиристод. Худойназар Қалъаи Хумбро ишғол кард, сипас ба самти Ванҷ ҳаракат намуд. Дар наздикии деҳаи Кеврон набарди сахте рӯй дод ва аскарони амир тавонистанд лашкари Дарвозро шикаст дода, таъқиби сарбозони боқимондаро идома диҳанд. Дастаи размандагони ихтиёрии Ванҷ ҳаракати сарбозони амирро дар назди Қалъаи Рохарв – маркази Ванҷ боздоштанд. Баъди муҳосираи бенатиҷаи қалъа сарбозони амир ба Қалъаи Хумб баргаштанд. Ванҷ баъди тобеъ шудани шоҳии Дарвоз боз ду сол истиқлоли худро нигоҳ дошт. Дар давраи салтанати сулолаи манғитиён Ванҷ яке аз амлокдориҳои нисбатан бонуфузи бекии Дарвоз ба шумор мерафт.
Амлокдори Ванҷро ''«мир»'' ва ё ''«шоҳ»'' меномиданд, яъне мири Ванҷ ё шоҳи Ванҷ. Вижагии вазифаи мирӣ дар Ванҷ дар ин буд, ки номзадии мири Ванҷро бо машварат ва ройзании шахсиятҳои бонуфузи маҳаллӣ пешбарӣ мекарданд, сипас мири Дарвоз бар ӯ мувофиқат мекард ва аз амири Бухоро таъйиди ниҳойӣ дарёфт мешуд. Ҷамъ намудани андоз ва уҳдадориҳои феодалӣ ба зиммаи мир гузошта шуда буданд.
Муҳимтарин санади таърихӣ, ки сохтори деҳаҳо ва демографияи ин давраро тасдиқ мекунад, ҳуҷҷати барӯйхатгирии саросарии Аморати Бухоро дар соли 1914 мебошад. Тибқи ин санад, ки 6-уми моҳи рабиъу-с-сонии соли 1332-и ҳиҷрӣ (мутобиқ ба марти соли 1914) аз тарафи беки Дарвоз Абдусатторбек Бийи Додхоҳ бо муҳр тасдиқ шудааст, маркази амлокдории Ванҷ расман дар деҳаи Рохарв (макони Қалъаи Ванҷ) сабт гардидааст.<ref name="fn49">Ванҷ ва Язгулом 112 сол пеш аз ин // Газетаи мардумии СССР. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ин рӯйхати нодир нишон медиҳад, ки аксари мутлақи деҳаҳои имрӯзаи водӣ ҳанӯз сад сол қабл бо ҳамон номҳои таърихии худ вуҷуд доштанд ва қисми узвии сохтори маъмурии амлокдорӣ буданд.<ref name="fn49" />
Сокинони водии Ванҷ Инқилоби Октябрро нисбатан хуб пазируфтанд, вале пас аз муддати кӯтоҳе муборизони маҳаллии муқовимат, аз пайравони Фузайл Махсум ва дигарон, ки бо номи ''«босмачиён»'' маъруфанд, чандин бор бо Артиши Сурх ва давлати шӯравии мустақарр дар Ванҷ даргир шуданд. Дар ин даргириҳо барои дифоъ аз ҳукумати шӯравӣ фидоиёни маҳаллӣ, мисли М. Давлатов, С. Раупов, Т. Шарифов, В. Эҳсонов, У. Меҳралишоев, Ҷ. Сафоев, Қ. Собиров ва дигарон ширкат доштанд.
Тафсилоти иловагӣ дар бораи ҳамин рухдодҳо — аз ҷумла робитаи онҳо бо мудохилаи Британия дар минтақа — дар мақолаи Т. Г. Абаева дар бораи пажӯҳишҳои А. В. Станишевский омадааст:
''«Басмаческий налет весной 1929 г. на Гарм и на Ванчский район Западного Памира был осуществлен под руководством капитана Вуда-Балларда, помощника малакандского политического агента по Читральскому княжеству.»''
Тарҷума: ''«Ҳамлаи босмачиён дар баҳори соли 1929 ба Ғарм ва ба ноҳияи Ванҷи Помири Ғарбӣ таҳти роҳбарии капитан Вуда-Баллард, ёрдамчии агенти сиёсии малаканд оид ба амораи Читрал, амалӣ гардид.»''.<ref name="fn50">Абаева Т. Г. Исследования А. В. Станишевского (Азиза Ниалло) о Памире // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 281.</ref>
Бино бар сарчашмаҳои таърихӣ, дар асрҳои миёна Ванҷ се ниҳиштаи маъдани оҳансанг дошт. Ҳанӯз дар оғози асри XX истихроҷи оҳан, гудохтани он ва оҳангарӣ яке аз пешаҳои асосии мардуми маҳаллии Ванҷ буд, ки бо ин пеша манотиқи муҷовирро бо оҳан ва афзоли хоҷагӣ, асбоби кишоварзӣ, корду шамшер ва дигар аслиҳа таъмин мекарданд.<ref name="fn51">Камалиддинов Ш. С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX --- начала XIII вв. --- Ташкент: Ӯзбекистон, 1996.</ref> Ин касби мардумии ванҷиёнро шарқшиноси маъруф М. С. Андреев ҳанӯз соли 1926 дар рисолаи махсуси худ ''«Истеҳсоли оҳан дар водии Ванҷ»'' муфассал тавсиф кардааст.<ref name="fn52">Андреев М. С. Выработка железа в долине Ванча (верховья Аму-Дарьи). --- Ташкент, 1926.</ref>
Тибқи маълумоти иловагӣ дар бораи ин ҳунари мардумӣ, гудозиши оҳан дар кӯраҳои махсуси заминӣ - чиндонҳо, ки аз сангҳои тарошиданашуда ва гил сохта мешуданд, анҷом мепазируфт; оташро тавассути дамҳои аз пӯсти буз сохташуда меафрӯхтанд ва ҳамчун сӯзишворӣ аз ангишти чӯб ва барои афрӯхтани оташ, буттаи кӯҳии ''«пӯш»''-ро истифода мекарданд.<ref name="fn53">Ходоров И. Е. Таджикистан в народном хозяйстве СССР (рус.) // Исторические материалы (istmat.org). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Як чунин кӯра тавоноӣ дошт, ки дар як шабонарӯз то 240 килограмм маъданро коркард намояд ва раванди пайвастаи гудозиш аз 2 то 5 шабонарӯз идома меёфт;<ref name="fn53" /> маҳз ҳамин технологияи маҳаллӣ ба Ванҷ имкон медод, ки аз воридоти металл аз берун вобаста набошад ва артиши худро бо аслиҳаи сард таъмин карда, худкифоии ҳарбию иқтисодиро кафолат диҳад.
Шаҳодати мустақил ва қадимтарини мустанад дар бораи ин анъанаи оҳангарӣ, ки бисту се сол пеш аз тадқиқоти Андреев сабт шудааст, аз гузориши капитан Кузнецов (соли 1892) бармеояд:
''«Серебро имѣется въ Джумарчскомъ амилякдарствѣ, свинецъ, олово у кишлака Вараунъ, желѣзо по р. оби-Ванчъ, главнымъ образомъ въ окрестностяхъ кишлака Техарви, кишлака Потау и кишлака Вань-Вань. Туземцы берутъ желѣзную руду, лежащую только на верхнихъ слояхъ земли; обжигаютъ ее въ особо-устроенныхъ печахъ, причемъ изъ 2 пудовъ руды получается желѣза полъ-пуда.»''
Тарҷума: ''«Нуқра дар амлокдории Ҷумарҷ мавҷуд аст, сурбу қалъагӣ — дар канори рустои Баравн, оҳан бошад — дар канори дарёи Ванҷ, асосан дар атрофи рустоҳои Техарв, Потов ва Ван-ван. Бумиён маъдани оҳанро, ки танҳо дар қабатҳои болоии замин ҷой дорад, бармедоранд; онро дар кӯраҳои махсус месӯзонанд, ки дар натиҷа аз ду пуд маъдан ним пуд оҳан ба даст меояд»''.<ref name="fn54">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 55–56.</ref> Кузнецов инчунин истихроҷи тиллоро дар ҳавзаи дарёи Ванҷ (дар канори Сағирдашту Язғулом), ки бо усули ибтидоии кӯшмаву ғалбер сурат мегирифт, тасвир кардааст ва аз байни ҳунарҳои дастии амлокдории Ванҷ, махсусан кордсозиро зикр намудааст:
''«Изъ кустарнаго производства обращаетъ на себя вниманіе только выдѣлка ножей въ Ванчскомъ амилякдарствѣ, да повсюду приготовленіе мату для одежды.»''
Тарҷума: ''«Аз ҳунарҳои дастӣ танҳо кордсозӣ дар амлокдории Ванҷ ва — дар ҳама ҷо — тайёр кардани мату барои либос таваҷҷуҳро ҷалб мекунад»''.<ref name="fn55">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 68.</ref>
Ванҷ аз замони Сомониён то соли 1877 ҳукумате мустақил дошта, фармонравоёни онро шоҳ мехондаанд. Соли 1878 амири Бухоро ба Дарвоз лашкар кашид ва пас аз хиёнати баъзе дарвозиён ба Дарвоз муставлӣ шуд; Дарвозро бекигарӣ ва Қалъаи Хумбро қароргоҳи урдуи манғитиён гардонд. Дарвоз тайи солҳои 1878-1920 яке аз бекигариҳои Бухоро буд ва бек дар Қалъаи Хумб менишаст ва мир хонда мешуд. Бо вуҷуди ин ҳама, Ванҷ зоҳиран дар итоати бекигарӣ буд, вале истиқлоли худро нигаҳ дошт ва пои шуми сипоҳи манғитиён ба Ванҷзамин нарасид.
Тафсилоти иловагӣ дар бораи лаҳзаҳои ниҳоии хонигарии мустақили Дарвоз низ дар ҳамин гузориши Кузнецов сабт шудааст. Тибқи маълумоти ӯ, дар арафаи суқут, аз тамоми қаламрави собиқи хонигарӣ ба охирин Шоҳи Дарвоз — Сераҷетдин — танҳо чанд мулки марказӣ, аз ҷумла худи Ванҷ, боқӣ монда буд:
''«...послѣднему дарвозскому Ша Сераджетдину принадлежали только Кала-и-Хумбъ, Ванчъ, Язулемъ, всѣ амилякдарства лѣваго берега Пянджа съ Хагономъ включительно, Хуллезъ и Вахія.»''
Тарҷума: ''«...ба охирин Шоҳи дарвозӣ Сироҷидин танҳо Қалъаи Хумб, Ванҷ, Язғулом, тамоми амлокдориҳои соҳили чапи Панҷ то Ҳагонро (Деҳагон, Деҳхагон) дар бар гирифта, инчунин Хулоз ва Вахё тааллуқ доштанд»''.<ref name="fn56">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 5.</ref> Ва ҳангоме ки соли 1878 сипоҳи бухороӣ бо сарварии Худойназар-Атолиқ ногаҳон ба Қалъаи Хумб наздик шуд, Сироҷидин-Шоҳ бидуни ҷанг таслим гардид, вале роҳи гурези худро маҳз аз тариқи Ванҷ интихоб намуд:
''«Сераджетдинъ-Ша сдалъ крѣпость безъ бою, а самъ бѣжалъ черезъ Ванчъ въ Кокандъ къ Худаяръ-хану.»''
Тарҷума: ''«Сироҷидин-Шоҳ қалъаро бидуни ҷанг таслим кард, худаш бошад, аз тариқи Ванҷ ба Қӯқанд, назди Худоёрхон гурехт»''.<ref name="fn57">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 6.</ref>
Соли 1895 бекигарии Дарвоз, ки дар ҳар ду канораи рӯди Панҷ қарор дошт, дар паи ҷаҳонгириҳои Русия ва Британия дупора гардид: канораи рост ба аморати Бухоро ва канораи чап ба Афғонистон дода шуд.<ref name="fn58">Постников А. В. Схватка на «Крыше Мира»: политики, разведчики и географы в борьбе за Памир в XIX веке. --- М.: Памятники исторической мысли, 2001. --- 416 с. --- ISBN 5-88451-100-0.</ref>
Ванҷ то соли 1920 амлокдории Қалъаи Ванҷи бекигарии Дарвози аморати Бухоро буд. Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 Ванҷ аз соли 1920 то 1924 чун тумани Ванҷ дар ҳайати вилояти Ғарми Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро ҷой дошт. Солҳои 1925-1926 Ванҷ чун ҷузъи тумани Қалъаихумби вилояти Ғарми ҶМШС Тоҷикистон ҳисоб меёфт. Солҳои 1926-1930 волости Ванҷ дар ҳайати ВМКБ буд. Солҳои 1930-1933 Ванҷ чун қисми ҳудуди ноҳияи Қалъаихумб бевосита дар тобеъияти ҷумҳурӣ буд.
Тибқи Қарори Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон аз 29 майи соли 1933, №46 расман ноҳияи Ванҷ таъсис ёфта, то соли 1937 дар тобеъияти бевоситаи ҷумҳурӣ қарор дошт. Дар асоси Қарори Президиуми КИМ-и Шӯроҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 августи соли 1937, №43 ноҳияи Ванҷ бо ҳамаи деҳшӯроҳояш: Ванҷ, Водхуд, Рованд, Техарв, Жовуд ва Язғулом расман ба ҳайати ҳудудии ВМКБ гузаронида шуд. Бино бар ин, ноҳияи Ванҷ ҳамчун воҳиди маъмурӣ дар ҳайати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 11 августи соли 1937 ташаккул ёфтааст.
{| class="wikitable"
|+Ҷадвали 2. Таҳаввулоти маъмурию ҳудудии Ванҷ (то соли 1878 – соли 1937)
!Марҳилаи таърихӣ
!Мақоми маъмурию ҳудудӣ
!Тобеияти давлатӣ/минтақавӣ
|-
|То соли 1878
|Мухторияти комил / Иттиҳод бо Дарвоз
|Идоракунии мустақил таҳти сарварии шоҳ
|-
|1878-1920
|Амлокдории Қалъаи Ванҷ
|Бекигарии Дарвоз, Аморати Бухоро
|-
|1920-1924
|Тумани Ванҷ
|Вилояти Ғарми Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро
|-
|1925-1926
|Ҷузъи тумани Қалъаихумб
|Вилояти Ғарми ҶМШС Тоҷикистон
|-
|1926-1930
|Волости Ванҷ
|Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
|-
|1930-1933
|Қисми ноҳияи Қалъаихумб
|Тобеияти бевоситаи ҶШС Тоҷикистон
|-
|29 майи 1933
|Ноҳияи Ванҷ (таъсиси мустақил)
|Тобеияти бевоситаи ҶШС Тоҷикистон
|-
|11 августи 1937
|Ноҳияи Ванҷ бо 6 деҳшӯро
|Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ)
|}
Дар нимаи солҳои 1950-ум сиёсати муҳоҷиркунонии аҳолии кӯҳистон ба водиҳои пахтакор ба Ванҷ низ бетаъсир намонд: соли 1954 сокинони водии Язғулом ба ноҳияи Куйбишеви водии Вахш кӯчонида шуданд. Гармои тоқатфарсо, беморшавии оммавӣ ва фавти зиёди кӯдакон ин муҳоҷиратро барои кӯчидагон фоҷиабор гардонд ва бахши зиёди онҳо тадриҷан ба зодгоҳи худ баргаштанд, ҳарчанд на ҳама; як ҷамоаи язғуломизабон то имрӯз дар водии Вахш боқӣ мондааст.<ref name="fn59">Из полевых записей середины прошлого века. Об экспедициях в язгулямский язык в 1950-х гг. (рус.) // Сомонаи Пажӯҳишгоҳи забоншиносии Академияи илмҳои Русия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn60">Язгулямский язык (рус.) // Экспедиции Московской школы полевой лингвистики. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn61">Астрономические знания язгулемцев (рус.) // Восток (Oriens). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Осори таърихӣ ==
Дар қаламрави Ванҷ мавзеъ, осор ва ёдгориҳои таърихии бисёр вуҷуд доранд, вале то ҳол таҳқиқоти шоистае дар ин росто анҷом наёфтааст. Тибқи омори соҳаи сайёҳии ВМКБ, дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ ба ҳолати соли 2024 15 ёдгории таърихию фарҳангӣ ба қайд гирифта шудааст.<ref name="fn62">Аз табиат ба санъати инсонӣ: 7 муъҷизаи нави ҷаҳонӣ номида шуд // Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30 марти 2024. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Барои дарки мантиқи ҷойгиршавӣ ва моҳияти ин осор, бояд заминаи таърихию сиёсии ташаккули онҳоро дарк намуд. Бино бар маълумоти таърихномаҳои асримиёнагӣ, дар садаҳои VII-VIII қаламрави кунунии Ванҷ ҷузъи вилояти таърихии Кумед буд, ки болооби дарёи Вахшро фаро гирифта, сарзамини имрӯзаи ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ва шимоли Бадахшонро дар бар мегирифт.<ref name="fn63">Таърихи Тоҷикистон // Википедиа. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Баъдтар, дар асрҳои миёна, Ванҷу Дарвоз як сарзамини воҳидро ташкил дода, бо номи ''«Курон»'' ёд мешуданд, ки маркази он деҳаи кунунии Кеврон будааст.<ref name="fn64">Таърихи шаҳр // Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Маҳз дар ин заминаи қадимии сиёсӣ, ки бо мустақилияти нисбии маҳаллӣ ва хатари доимии ҳуҷумҳои беруна тавсиф мешуд, эҳтиёҷ ба бунёди қалъаҳои мустаҳкам ба миён омад.
Пеш аз тавсифи муфассали Мушкетов, қадимтарин шаҳодати мустанади русиро дар бораи ин қалъа низ капитан Кузнецов дар гузориши соли 1892-и худ сабт кардааст. Ӯ зимни тавсифи амлокдории Ванҷ чунин навиштааст:
''«Ванчское амилякдарство расположено по р. Ванчъ и частью по правому берегу р. Пянджъ. Мѣстопребываніе амилякдара кишлакъ Кала-и-Рохарвъ (на нашихъ картахъ Кала-и-Ванчъ); имѣется небольшая крѣпостца.»''
Тарҷума: ''«Амлокдории Ванҷ дар канори дарёи Ванҷ ва қисман дар соҳили рости дарёи Панҷ ҷойгир аст. Маҳалли иқомати амлокдор рустои Қалъаи Рохарв аст (дар харитаҳои мо — Қалъаи Ванҷ); дар он қалъачаи хурде мавҷуд аст»''.<ref name="fn65">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 79.</ref>
Ин иттилои Кузнецов, ки бисту се сол пеш аз тавсифи муфассали Мушкетов сабт шудааст, собит месозад, ки номи ''«Қалъаи Ванҷ»'' барои Рохарв аллакай дар харитаҳои расмии охири асри XIX ба кор мерафт ва Рохарв аз ҳамон замон ҳамчун маркази маъмурии амлокдории Ванҷ шинохта мешуд.
Қалъаи Ванҷ дар баландии соҳили рости Ванҷоб, дар масофаи 15 км аз резишгоҳи он ба дарёи Панҷ воқеъ гашта буд. Мавқеъияти ин қалъа аз нигоҳи ҳарбию стратегӣ бисёр созгор будааст ва ба муҳофизонаш имкон медодааст, ки муддати тӯлонӣ аз худ дифоъ кунанд. Тавсифи илмии Рохарв ва қалъаи онро ҳанӯз соли 1916 узви Ҷамъияти ҷуғрофии Русия Д. И. Мушкетов интишор додааст.<ref name="fn5" /> Дар мақолаи худ, ки натиҷаи боздиди шахсии ӯст, Мушкетов мавқеи стратегии Рохарвро чунин тавсиф кардааст:
''«Административнымъ центромъ Ванча всегда былъ и есть базарный кишлакъ Рохаръ (или Рохарвъ) въ 40 дворовъ, расположенный на правомъ берегу рѣки, въ двадцати верстахъ выше ея устья, на высотѣ 5.950 футъ, у моста, ведущаго къ перевалу Гушхонъ, запирая собой, слѣдовательно, единственный конный путь на Язгулемъ, Рошанъ и Памиръ. Это важное стратегическое положеніе и было использовано древними правителями Ванча – «Шо», воздвигнувшими здѣсь крѣпость (Кала-и-Ванчъ) и избравшими ее для своей резиденціи.»''
Тарҷума: ''«Маркази маъмурии Ванҷ ҳамеша рустои бозории Рохар (ё Рохарв) буд ва то ҳол ҳамин аст – бо 40 хонавода, дар соҳили рости дарё, дар бисту версти болотар аз резишгоҳи он, дар баландии 5950 қадам, назди пуле, ки ба ағбаи Гушхон мебарад, ва бо ин васила ягона роҳи аспсаворро ба Язғулом, Рӯшон ва Помир мебандад. Маҳз ҳамин мавқеи муҳими стратегӣ буд, ки ҳокимони қадимии Ванҷ – «Шоҳ»-ҳо – истифода бурда, дар ин ҷо қалъа (Қалъаи Ванҷ) бино карданд ва онро барои худ қароргоҳ интихоб намуданд»''.<ref name="fn66">Мушкетов Д. И. Рохаръ (Кала-и-Ванчъ). --- Петроградъ: Типографія М. М. Стасюлевича, 1916. --- (Отдѣльный оттискъ изъ тома LII (1916 г.) Извѣстій Императорскаго Русскаго Географическаго Общества № 876). --- С. 7.</ref> Мушкетов инчунин интихоби маҳалли қалъаро аз нигоҳи амниятӣ шарҳ додааст:
''«Мѣсто выбрано весьма хорошо и удобно, на возвышеніи, съ котораго открытый видъ во всѣ стороны, и долина Ванча, какъ на ладони; рѣка отъ стѣнъ крѣпости въ 3 қулочяхъ, но для обезпеченности водоснабженія имѣлся къ ней подземный ходъ; невдалекѣ, на луговинѣ у рѣки, имѣется прудикъ, наполняемый ключемъ теплой, солоноватой воды, предоставляющій идеальное купанье.»''
Тарҷума: ''«Ҷой хеле хуб ва мувофиқ интихоб шудааст, дар баландие, ки аз он манзараи кушода ҳар тараф дида мешавад ва тамоми водии Ванҷ мисли кафи даст намоён аст; дарё аз деворҳои қалъа дар масофаи 3 қулочӣ ҷой дорад, вале барои таъмини бехатари обтаъминкунӣ роҳи зеризаминӣ ба он вуҷуд дошт; дар наздикӣ, дар марғзори лаби дарё, ҳавзчае ҳаст, ки аз чашмаи оби гарму намакини он пур мешавад ва барои шиноварии беҳамто мувофиқ аст»''.<ref name="fn66" /> Дар бораи сохти худи қалъа Мушкетов навиштааст:
''«Постройка, конечно, глинобитная, но довольно массивная, со стѣнами до 4 қулочей высотой, обнесенными съ трехъ сторонъ рвомъ, съ бойницами и пятью угловыми башнями. Внутреннія перегородки частью деревянныя, равно какъ и колонны, балки и двери, тонкой, старинной рѣзной работы.»''
Тарҷума: ''«Бино, албатта, гилину похсагин, валекин бисёр мустаҳкаму матин аст, бо деворҳои баланди чаҳорқулоча, ки аз се сӯйи он, хандақе бар гирди он кандаанд, бо тиркашҳову бурҷҳои панҷгонаи кунҷӣ. Деворҳои миёнгини дохилӣ, қисман, чӯбинанд, ҳамчунин, сутунҳову болорҳову дарҳои он, ки бо кандакории нафису куҳан оростаанд»''.<ref name="fn66" />
Мушкетов санаи боздиди худ ва оғози кашидани нақшаи қалъаро низ қайд кардааст: ''«Многое уже разрушено (мое посѣщеніе относится къ 11 іюля 1905 г.), но общее расположеніе еще сохранилось и я, пользуясь обстоятельными поясненіями почтеннаго шейха-токсабы Ванча, снялъ планъ всей крѣпости»'' (тарҷума: ''«Бисёр чиз аллакай хароб шудааст (боздиди ман ба 11 июли соли 1905 рост меояд), вале тартиби умумӣ то ҳол нигоҳ дошта шудааст ва ман, бо истифода аз тавзеҳоти муфассали шайх-тӯксабои эҳтиромноки Ванҷ, нақшаи тамоми қалъаро кашидам»'').<ref name="fn66" />
Нақшаи қалъа, ки Мушкетов кашидааст, 27 ҳуҷраву қисми қалъаро бо рақам нишон медиҳад, ки шарҳи онҳо чунин аст:<ref name="fn66" />
Ур - обдорхона
Дарвозахона – ҳуҷраи нигаҳбонону дарбонон
Ҳуҷраи навкарҳо
Бадарравхона – ҳоҷатхона
Долон – ҳавлии аспҳо
Ахтахона – оғилхона, ва болои он анборхонаи алаф
Пештоқ – гузаргоҳи пӯшида
Фаррошхона – ҳуҷраи сайисон
Пештоқи дуюм (баландии 3 қулоч)
Гулгунхона – ҳуҷраи пазириши меҳмонон
Ҳуҷраи худи шоҳ
Қӯрғон – сарбозхона (харобшуда)
Ғуломгардиш – долони мамониаткунандаи дидани занони дар боғ гардандагӣ
Ошхона – ошхона
Роҳрав – долон
Ғуломгард – гузаргоҳ ба қисми занона
Хазина – ҳуҷраи хазинадорӣ
Ҳаммом – ҳаммом
Пештоқи занона
Ҳуҷраи зани шоҳ – тобистона
Ҳуҷраи зани шоҳ – зимистона
Тӯпхона – манора
Рӯйи ҳавлӣ – ҳавлии пӯшида
Ҳарам (харобшуда)
Анборхона (болои ҳуҷраи 16)
Манора – ҳоло ҳуҷраи меҳмонон – меҳмонхона
Оғози роҳи зеризаминӣ ба сӯи дарё
Дар масофаи як версти болотари Рохар, дар канори роҳ, Мушкетов ду гӯри қадимиро низ ба қайд гирифтааст: ''«Въ верстѣ выше Рохара по долинѣ, около дороги, двѣ древнихъ гробницы съ фигурными стѣнами, имѣющими какое-то отношеніе къ крѣпости; интересно, что на могильномъ шестѣ, помимо обычныхъ куска матеріи и конскаго хвоста (на боковой перекладинѣ), сверху помѣщены изображенія сложенной руки (ладони) и голубя»'' (тарҷума: ''«Дар як версти болотар аз Рохар, дар паҳлӯи роҳ, ду гӯри қадимӣ бо деворҳои нақшдор ҳастанд, ки бо қалъа алоқаи муайяне доранд; ҷолиб ин аст, ки бар болои чӯби қабр, ба ғайр аз пораи матоъ ва думи асп (дар чӯби паҳлӯӣ)-и маъмулӣ, тасвири дасти гирдкардашуда (кафи даст) ва кабутар низ гузошта шудааст»'').<ref name="fn66" />
Ба ғайр аз ин, Мушкетов дар поварақи худ ёдовар шудааст, ки ягона роҳи воридшавӣ ба водӣ аз тарафи Панҷ низ бо қалъаи хурди дигаре мустаҳкам карда шуда буд: ''«Этотъ единственный выходъ кромѣ того очень искусно былъ загражденъ небольшой крѣпостцей, остатки которой еще видны на изолированномъ холмѣ въ устьѣ Ванча»'' (тарҷума: ''«Ин ягона баромадгоҳ аст, илова бар ин, хеле моҳирона бо қалъачаи хурде масдуд шуда буд, ки бақоёи он то ҳанӯз дар теппаи ҷудоуфтодаи резишгоҳи Ванҷ ҳувайдоанд»'').<ref name="fn67">Мушкетов Д. И. Рохаръ (Кала-и-Ванчъ). --- Петроградъ, 1916. --- Тавзеҳот, №4.</ref>
Тибқи мушоҳидаи ӯ, қалъа бевосита дар масири корвонрав ба сӯи ағбаи Гишхун қарор дошт, ки тавассути он роҳи корвонӣ ба водии Язғулом ва аз он ҷо ба самти баландкӯҳҳои Помир мерасид.<ref name="fn68">Долина реки Ванч // Свободный туризм (poxod.ru). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Пеш аз он ки Мушкетов худ соли 1905 аз қалъа боздид кунад, тавсифи мухтасартаре аз он – тахминан 13 сол пештар – аллакай ба қалами А. А. Семёнов тааллуқ дошт, ки соли 1898 шахсан аз қалъа дидан кардааст:
''«Въ низовьи р. Ванджа лежитъ самый значительный кишлакъ долины, Кал'аи-Ванджъ, или Кал'аи-Рохарвъ (крѣпость Ванджа, крѣпость Рохарвъ). Укрѣпленіе въ немъ до сихъ поръ на обрывистомъ берегу довольно хорошо сохранилось. Стѣны крѣпости–мѣстами глинобитныя, мѣстами сложены изъ кирпичей и камней. По бокамъ лицевой стороны крѣпости–двѣ полуразрушенныхъ зубчатыхъ башни.»''
Тарҷума: ''«Дар поёноби рӯди Ванҷ бузургтарин рустои водӣ ҷойгир аст – Қалъаи Ванҷ, ё Қалъаи Рохарв (қалъаи Ванҷ, қалъаи Рохарв). Истеҳкоми он то ба имрӯз дар соҳили баланди дарё нисбатан хуб нигоҳ дошта шудааст. Деворҳои қалъа ҷо-ҷо аз гил, ҷо-ҷо аз хишти пухтаву санг сохта шудаанд. Аз ду тарафи рӯи қалъа ду манораи нимвайрони дандонадор қарор доранд»''.<ref name="fn69">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 8.</ref> Муҳимтар аз ҳама, Семёнов санаи тахминии бунёди қалъа ва номи бинокори онро сабт кардааст – маълумоте, ки то кунун дар ягон манбаи дигари дастраси мақола наомадааст:
''«Крѣпость, по преданію, была построена лѣтъ двѣсти тому назадъ дарвазскимъ ханомъ, Азиз-Ханомъ, и, вѣроятно, не разъ служила хорошую службу ея защитникамъ во времена независимаго Дарваза. Теперь въ ней живетъ амлякдаръ (начальникъ округа) долины Вандж.»''
Тарҷума: ''«Қалъа, тибқи ривоят, тахминан дусад сол пеш аз ҷониби хони дарвозӣ – Азиз-Хон – бино ёфтааст ва эҳтимол, борҳо ба муҳофизони худ дар давраи истиқлолияти Дарвоз хидмати шоиста кардааст. Ҳоло дар он амлокдор (сарвари ноҳия, яъне шоҳ)-и водии Ванҷ зиндагӣ мекунад»''.<ref name="fn70">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 8--9.</ref> Азбаски китоб соли 1903 нашр шуда ва мушоҳидаи муаллиф соли 1898 сурат гирифтааст, ин ривоят санаи бунёди қалъаро тахминан ба солҳои 1698-1700 рабт медиҳад.
Семёнов инчунин ду навиштаи девории қалъаро айнан нусхабардорӣ кардааст: як байти форсӣ дар бораи гардиши бераҳмонаи рӯзгор, ва як ёдгории русии сайёҳони соли 1896 – ''«Прибылъ разъѣздъ 25 числа августа за старшаго общивкй Яковъ. Черновъ. и джигить Николай Каплун и перевочикъ Ашурбай. 1896 года»'' (тарҷума: ''«Гурӯҳи саворагон 25 августи соли 1896 омаданд: сардор Яков Чернов, ҷигит Николай Каплун ва тарҷумон Ашурбой»'').<ref name="fn70" />
Гумон меравад, ки дар тамоми ҳавзаҳои Бадахшон сукунати одамон ба як давраи таърихӣ мансуб будааст. Ёдгориҳои манзилӣ ва меъмориву мудофеавии асримиёнагии ғарби Бадахшон, ки дар деҳаи Баравни ҷамоати деҳоти Водхуд воқеанд ва аз ҷиҳати амнияти ҳарбӣ бисёр муносибу побарҷоянд, бо камоли таассуф, то кунун таҳқиқи шоиста нашудаанд.
Нақшу нигораҳои рӯйи харсангҳои водии Язғулом, ки дар деҳаҳои Жамаг, Андарбоғ ва Мотравн ба даст омадаанд, агарчи ҳанӯз комилан омӯхта нашудаанд, гувоҳи муътамаде аз ҳузури мардум ва сукунати онон аз замонҳои бостонӣ дар ин минтақа ҳастанд. Дар байни ин сангнигораҳо, ки ба навъи умумии петроглифҳои Помиру Бадахшон шабоҳат доранд, тасвири нахчир (бузи кӯҳӣ бо шохҳои калон), саҳнаҳои шикор бо камон, рамзҳои офтобӣ ва изи дасту пойи инсон бештар вомехӯранд; дар мифологияи мардумони эронитабор бузи кӯҳӣ рамзи покиву ҳосилхезӣ ва иртибот бо олами боло дониста мешавад.<ref name="fn62" />
Дар қаламрави Ванҷ, ба монанди дигар минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон, сағонаҳо ва дахмаҳои сангии куҳан низ аз насл ба насл боқӣ мондаанд, ки далели ошкори таърихи чандҳазорсолаи ин сарзамин мебошанд. Чунин иншооти дафнӣ, ки дар ҷойҳои махсуси сангӣ, дар баландиҳо ё ғорҳо бунёд меёфтанд, эҳтимолан боқимондаи анъанаҳои дафнии пешазисломӣ мебошанд; тибқи баъзе оинҳои қадими маҳаллӣ (аз ҷумла эътиқодоти наздик ба дини зардуштӣ), ҷасади фавтида набояд бо унсурҳои муқаддаси табиат – хок, об ё оташ – тамос мегирифт.<ref name="fn62" /> Ҳарчанд имрӯз тамоми аҳолии ноҳия мусулмони суннии ҳанафимазҳабанд ва расму оини дафни исломиро ба таври қатъӣ риоя мекунанд, мавҷудияти ин сағонаву дахмаҳо аз як давраи гузариши тӯлонии фарҳангӣ ва қабатҳои гуногуни динию эътиқодӣ дар минтақа хабар медиҳад.
Ёдгориҳои бостонии Помири Ғарбӣ, аз ҷумла мавзеъҳои қаламрави Ванҷ, дар силсилаи бунёдии ''«Харитаи бостоншиносии Тоҷикистон»'' – муҷаллади марбут ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки бостоншинос М. А. Бубнова таълиф намудааст ва ёдгориҳои давраи сангро то садаи XX фаро мегирад, – ба қайд гирифта шудаанд.<ref name="fn71">Бубнова М. А. Горно-Бадахшанская автономная область. Западный Памир (памятники каменного века --- XX в.). --- Душанбе, 2008. --- (Археологическая карта Таджикистана).</ref>
Илова бар ёдгориҳои меъморӣ ва дафнӣ, мероси беназири саноатии Ванҷ – боқимондаҳои кӯраҳои қадимии оҳангудозӣ (домнитсаҳо) – низ бахши муҳими осори таърихии ноҳия ба шумор мераванд. Тибқи маълумоти иқтисоддон И. Е. Ходоров, ки соли 1929 таҳлилҳои М. С. Андреевро дар бораи ин ҳунар тасдиқ ва иқтибос овардааст, дар боварҳои мардумии ванҷиён металли ҳосили ин кӯраҳо на танҳо арзиши истеҳсолӣ, балки хосияти шифобахш низ дошт: маҳсули онро ''«барои табобати ҳар гуна бемориҳо пешбинӣ карда, ба ҷойи дардманд мегузоштанд»''.<ref name="fn53" /> Ин боварҳо нишон медиҳанд, ки осори саноатии Ванҷ бо мероси ғайримоддӣ ва эътиқодоти мардумӣ пайванди зич доштааст, ва имрӯз боқимондаҳои ин кӯраҳо, харобаҳои коргоҳҳо ва партовҳои маъданӣ (шлакҳо) дар дараҳои Ванҷ метавонанд ҳамчун мавзеи нодири ''«бостоншиносии саноатӣ»'' мавриди пажӯҳиши минбаъда қарор гиранд.
Сарчашмаи аввалини сабти илмии ин ҳунар – 23 сол пеш аз рисолаи Андреев (1926) – низ ба Семёнов тааллуқ дорад:
''«Богатыя залежи желѣзной руды въ верховьяхъ р. Ванджа даютъ горцамъ Ванджской долины неисчерпаемый матеріалъ для различнаго рода желѣзныхъ издѣлій, которыя удовлетворяютъ самымъ разнообразнымъ требованіямъ домашняго обихода горныхъ таджиковъ и потому расходятся изъ этой огромной кузницы, какова долина Ванджа, по всему Дарвазу, Каратегину и Язгуляну, проникая даже въ отдаленные и трудно достижимые уголки Рошана, Шугнана и Вахана.»''
Тарҷума: ''«Захираҳои фаровони маъдани оҳан дар болооби рӯди Ванҷ ба кӯҳистониёни водии Ванҷ маводи беохири намудҳои гуногуни маснуъоти оҳанӣ медиҳанд, ки эҳтиёҷоти гуногуни рӯзгори тоҷикони кӯҳӣ қонеъ мегардонанд ва аз ин кӯрахонаи азим, яъне водии Ванҷ, ба тамоми Дарвозу Қаротегину Язғулом паҳн мешаванд, ҳатто ба гӯшаҳои дурдасту дастнораси Рӯшону Шуғнону Вахон низ ворид мегарданд»''.<ref name="fn72">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 62.</ref>
Семёнов инчунин номи мушаххаси деҳаеро сабт кардааст, ки дар он раванди коркарди оҳанро шахсан мушоҳида намудааст: ''«Самый способъ добыванія желѣза намъ пришлось наблюдать во кишлакѣ Сытаргъ, на Ванджѣ»'' (тарҷума: ''«Худи усули истихроҷи оҳанро мо тавонистем дар рустои Старғ, дар Ванҷ, мушоҳида кунем»'').<ref name="fn72" /> Ӯ ҳамчунин тавсифи мубодилаи тиҷоратии маснуоти оҳании Ванҷро бо минтақаҳои ҳамсоя овардааст: ''«Эти издѣлія находять большой сбыть на рынкахъ Кал'аи-Хума и въ сосѣднихъ долинахъ: Язгуляна и Оби-Хингоу, причемъ продажа на деньги совершается очень рѣдко; обыкновенно вещи мѣняются на тѣ, которыя необходимы таджикамъ Ванджа»'' (тарҷума: ''«Ин маснуъот дар бозорҳои Қалъаи Хум ва водиҳои ҳамсоя – Язғулому Оби Хингов – фурӯши хубе меёбанд, вале фурӯш ба пул хеле кам сурат мегирад; одатан молҳо ба он чизҳое иваз мешаванд, ки барои тоҷикони Ванҷ зарур аст»'').<ref name="fn73">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 64.</ref>
== Мардум ==
Аксарияти аҳолии ноҳия тоҷиконанд; инчунин теъдоди ангуштшумори русҳо ва намояндагони халқҳои дигар низ зиндагӣ мекунанд. Аҳолии ноҳия аз рӯи диёнат мусулмони суннии ҳанафимазҳабанд.<ref name="fn1" />
Мардумшиноси рус Л. Ф. Моногарова дар пажӯҳиши бунёдии худ доир ба таркиби қавмии ВМКБ, дар бораи гузаштаи қавмии ванҷиён чунин навиштааст:
''«В прошлом из припамирских народностей наиболее тесно соприкасались с горными таджиками ванчцы (правильнее ванджи), коренное население долины р. Ванч (Вандж), входившей в Бухарский эмират. Духовенство эмирата проводило насильственное обращение в суннизм всех, исповедовавших другую религию. Под влиянием суннитской идеологии у ванчцев изменились общественные и семейные взаимоотношения, моральные нормы, бытовой уклад в целом. Постепенное экономическое и культурное сближение ванчцев с таджиками привело к утрате ванчцами своего родного языка, замене его таджикским (ванчским или ванджским говором таджикского языка), а в конечном итоге к слиянию ванчцев с таджиками. Население остальных районов республики считает ванчцев таджиками. «Судя по некоторым признакам, „ванджский язык“, входя в северную подгруппу памирских языков, наиболее тесно примыкал к язгулемскому языку» [32, 131].»''
Тарҷума: ''«Дар гузашта, аз миёни халқиятҳои помирӣ, ванҷиён (дурусттараш — ванҷӣ), аҳолии бумии водии дарёи Ванҷ (Вандж), ки ҷузъи аморати Бухоро буд, бештар аз ҳама бо тоҷикони кӯҳистонӣ дар тамос буданд. Рӯҳониёни аморат нисбат ба ҳамаи пайравони дигар эътиқодҳо табдили ҷабрии мазҳаби суннӣ мегузарониданд. Таҳти таъсири мазҳаби суннӣ дар байни ванҷиён муносибатҳои ҷамъиятиву оилавӣ, меъёрҳои ахлоқӣ ва тарзи зиндагӣ дар маҷмуъ тағйир ёфтанд. Наздикшавии тадриҷии иқтисодиву фарҳангии ванҷиён бо тоҷикон боиси аз даст рафтани забони модарии ванҷиён гардид: он бо забони тоҷикӣ (гӯиши ванҷии забони тоҷикӣ) иваз шуд ва дар ниҳоят ба омезиши ванҷиён бо тоҷикон анҷомид. Аҳолии дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ ванҷиёнро тоҷик мешуморанд. «Бино бар баъзе аломатҳо, „забони ванҷӣ“, ки ба зершохаи шимолии забонҳои помирӣ дохил мешуд, аз ҳама наздиктар ба забони язғуломӣ буд» [32, 131].»''.<ref name="fn74">Моногарова Л. Ф. Этнический состав и этнические процессы в Горно-Бадахшанской автономной области Таджикской ССР // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 185–186.</ref>
Дар бораи мазорҳои муқаддаси эҳтиромшавандаи Ванҷ дар охири асри XIX, капитан Кузнецов чунин сабт кардааст:
''«Населеніе Дарвоза не отличается особой набожностью и имѣетъ весьма малое число молитвенныхъ домовъ–мечетей, по за то въ Дарвозѣ есть нѣсколько могилъ святыхъ, весьма почитаемыхъ жителями. Наибольшимъ почитаніемъ отличаются могилы: Хазретъ-и-Бурхъ на р. оби-Мазаръ, Пой-Мазаръ-Хазретъ-Садыръ-Сеибъ въ верховьяхъ р. Ванчъ и Ходжа-и-Миратбашъ-Султанъ-Сеидъ на сѣверномъ склонѣ Дарвозскихъ горъ, противъ кишлака Кальпъ.»''
Тарҷума: ''«Аҳолии Дарвоз бо диндории хосае фарқ намекунад ва шумораи хонаҳои ибодат — масҷидҳо — дар он хеле кам аст, вале дар ивазаш, дар Дарвоз якчанд мазори авлиё ҳаст, ки сокинон онҳоро сахт эҳтиром мекунанд. Бештарин эҳтиромро мазорҳои зерин доранд: Ҳазрати Бурх дар канори дарёи оби-Мазор, дар Пойи Мазор - ҳазрати Садр-соҳиб дар болооби дарёи Ванҷ ва Хоҷаи Муродбошӣ Султонсаъид дар нишеби шимолии кӯҳҳои Дарвоз, рӯ ба рӯи рустои Калп»''.<ref name="fn75">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 65.</ref>
Бар асоси омори саршумории саросарии Иттиҳоди Шӯравӣ аз соли 1939, аҳолии Ванҷ 9218 нафар буд: 9031 нафарашон ванҷиёни бумӣ, 134 нафар – рус, 6 нафар – тотор, 5 нафар – узбак ва 1 нафар – қазоқ.<ref name="fn76">Всесоюзная перепись населения 1939 года. Национальный состав населения районов, городов и крупных сёл союзных республик СССР: Ванчский район (рус.) // Демоскоп Weekly. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Бино ба омори соли 1979 аҳолии Ванҷ 15 855 нафар ва тибқи омори 1992 – 22 700 нафарро ташкил медод. Тибқи маълумоти расмӣ, соли 2009 дар ноҳия 30 700 нафар зиндагӣ мекард ва тамоми аҳолии он деҳотист.<ref name="fn3" /> Тибқи омори соли 2024 аҳолии Ванҷ ба 35 400 нафар расид. Бар асоси муқоисаи ин ду омор метавон чунин натиҷагирӣ кард, ки тайи 85 сол суръати миёнаи афзоиши солонаи аҳолии Ванҷ тақрибан 1,6 % будааст. Мардуми водии Язғулом ҳиссаи назарраси аҳолии ноҳияро ташкил медиҳанд.
Азбаски беш аз 90 дарсади масоҳати умумии ноҳия (4430,5 км²)-ро лозурҳо, қуллаҳои баландкӯҳ ва нишебиҳои санглохи корношоям фаро мегиранд, зичии расмии аҳолӣ (тақрибан 7,7-8 нафар дар як километри мураббаъ) манзараи воқеии ҷойгиршавии аҳолиро пурра инъикос намекунад – амалан тамоми сокинон дар як рахи танги қад-қади дарёҳои Ванҷобу Язғулом мутамарказ шудаанд.<ref name="fn3" /> Ин номутаносибии шадид миёни рушди табиии аҳолӣ ва маҳдудияти мутлақи заминҳои корам (соли 2012 ҳамагӣ 1381 гектар, баъдан бо азхудкунии заминҳои нав ба 2601 гектар расида)<ref name="fn3" /> яке аз сабабҳои асосии муҳоҷирати меҳнатии ноҳия маҳсуб мешавад (ниг. бахши ''«Муҳоҷирати меҳнатӣ»'').
{| class="wikitable"
|+Ҷадвали 3. Динамикаи шумораи аҳолӣ (ҳазор нафар), 1939-2013
!сол
!1939
!1979
!1992
!1995
!2000
!2002
!2003
!2004
!2005
!2006
!2007
!2008
!2009
!2011
!2012
!2013
|-
|шумора
|9,2
|15,9
|22,7
|28,4<ref name="fn47" />
|28,5<ref name="fn47" />
|28,3<ref name="fn47" />
|29,9<ref name="fn47" />
|30,1<ref name="fn47" />
|28,8<ref name="fn47" />
|30,3<ref name="fn47" />
|33,4<ref name="fn47" />
|29,7<ref name="fn47" />
|30,7<ref name="fn3" />
|30,8
|31,1
|31,3
|}
{| class="wikitable"
|+Ҷадвали 4. Динамикаи шумораи аҳолӣ (ҳазор нафар), 2014-2024
!сол
!2014
!2015
!2016
!2017
!2018
!2019
!2020
!2021
!2022
!2023
!2024
|-
|шумора
|31,7
|31,9
|32,4
|32,9
|33,6<ref name="fn77">Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2019 года. Сообщение Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан (рус.).</ref>
|34,1<ref name="fn77" />
|34,4<ref name="fn78">Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2020 года (рус.) // Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
|34,1
|34,4
|35,1
|35,4
|}
Барои солҳои 1995-2008 омори мазкур (арзиши ''«умумӣ»'', яъне аҳолии доимии сабтшуда) бар асоси таҳлили муфассали демографии Р. Масов ва Ҳ. Пирумшоев дар ''«Файзи истиқлол дар "Боми ҷаҳон"»'' (Душанбе, 2011, саҳ. 362-363) илова карда шуд. Барои солҳои 1992 ва 2009 бошад, бо мақсади нигоҳ доштани пайдарпаии рақамҳои аллакай сабтшуда аз сомонаи расмии badakhshon.tj, арзиши аслии қаблӣ боқӣ монд.
=== Фарҳанги моддӣ: либоси анъанавӣ ===
Дар шароити сарди кӯҳистони Ванҷу Бадахшон, дар гузашта истифодаи матоъҳои пашмину чармӣ бартарӣ дошт ва мероси бофандагии маҳаллӣ ба истеҳсоли матоъҳои худӣ бо рангҳои табиии гиёҳии кӯҳӣ асос меёфт.<ref name="fn79">Таҳқиқоти этнолингвистии лексикаи гӯйиши тоҷикони водии Ғорон // Диссертатсия. Санҷида шуд 24 июли 2026.</ref> Либоси занонаи суннатӣ асосан аз курта, эзор, пойафзол, сарбанд ва ороишоти гуногун иборат буд; таърихан ду намуди курта маъмул буд – куртаи якқади камартангу доманвасеъ, ки пиразанон мепӯшиданд, ва куртаҳои камзулчадор бо гиребони буғак (уфуқӣ буридашуда бо зеҳгулу гулдӯзӣ), ки духтарону арӯсон ба бар мекарданд.<ref name="fn80">Либоси миллии тоҷикон // Википедиа. Санҷида шуд 24 июли 2026.</ref> Дар минтақаи Бадахшон, аз ҷумла Ванҷу Язғулом, унсурҳои хоси либоси кӯҳистонӣ – тоқии мудаввар бо нақшҳои гулдӯзии дақику пӯпак ва ҷӯробҳои ғафси пашмин бо нақшҳои ҳандасии бисёрранг (нақши офтоб, шохи қӯчқор, чалипо ва ғайра) – то имрӯз аҳамияти худро гум накардаанд.<ref name="fn80" />
=== Фарҳанги моддӣ: манзил ва хоҷагии деҳот (тибқи маълумоти асри XIX) ===
Тавсифи қадимтарини хусусиятҳои хоси манзилу хоҷагии Ванҷ ба А. А. Семёнов (1898) тааллуқ дорад. Ӯ анборчаҳои хоси болои сутунро ба қайд гирифтааст: ''«На Ванджѣ и мѣстами по Пянджу встрѣчаются подъ хижинъ еще небольшіе, съ плоскими крышами, амбарчики (амбаръ) для хлѣба и разнаго скарба... они воткнуты надъ землею на четырехъ (подъ углами) камняхъ или столбахъ»'' (тарҷума: ''«Дар Ванҷ ва ҷо-ҷо дар Панҷ, наздики хонаҳо анборчаҳои хурди боми ҳамвор (амбор) барои нону дигар молу ашё вомехӯранд... онҳо болои замин, бар чор санг ё сутуни чоркунҷа гузошта шудаанд»'').<ref name="fn81">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 34.</ref>
Дар бораи нақшу нигори деворҳои хонаҳои Ванҷ низ маълумот овардааст: ''«По Сурхобу и Хингобу, Ванджу и Пянджу на стѣнахъ многихъ хижинъ попадаются и орнаменты въ видѣ пятенъ, различныхъ безпорядочныхъ линій или же въ видѣ дѣтски намалеванныхъ фантастическихъ деревьевъ»'' (тарҷума: ''«Дар канори Сурхобу Хингов, Ванҷу Панҷ дар деворҳои бисёр хонаҳо нақшу нигор ба шакли доғ, хатҳои бетартиби гуногун ё дарахтони хаёлии кӯдакона кашидашуда вомехӯранд»'').<ref name="fn82">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 36.</ref>
Хонаи тобистонаи хоси Ванҷ (''«чолёб»'') низ дар ин асар қайд шудааст: ''«По Ванджу и отчасти на Пянджу, кромѣ описанныхъ зимнихъ помѣщеній, встрѣчаются еще спеціальныя лѣтнія жилища (чолѣбъ), чего нѣтъ нигдѣ въ прочихъ мѣстахъ»'' (тарҷума: ''«Дар Ванҷ ва қисман дар Панҷ, ба ғайр аз хонаҳои зимистонаи тавсифшуда, боз хонаҳои махсуси тобистона (чолёб) вомехӯранд, ки дар ҷойҳои дигар вуҷуд надоранд»'').<ref name="fn83">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 44.</ref>
Ниҳоят, Семёнов камбизоатии заминҳои Ванҷ ва такягоҳи мардум ба дарахти туг (мевадиҳандаи табиъӣ)-ро тавсиф кардааст: ''«Мѣстами, какъ, напримѣръ, на Вахіо, на Ванджѣ и въ Дарвазъ по Пянджу, гдѣ природа бѣдна и преобладаетъ каменистая почва... существованіе населенія находится въ тѣсной зависимости отъ тута»'' (тарҷума: ''«Дар баъзе ҷойҳо, масалан дар Ваҳё, дар Ванҷ ва дар Дарвози канори Панҷ, ки табиат камбизоату хоки санглох бартарӣ дорад... мавҷудияти аҳолӣ ба тут вобастагии зич дорад»'').<ref name="fn84">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 56.</ref>
Дар ҳамин китоб, ду намунаи фолклори мардуми Ванҷ низ бори аввал сабт гардидаанд: масали ''«Инсон ва Мор»'' ва ҳикояи ''«Писари вазир»'', ки ҳарду аз забони як шахси мушаххас – Соҳибназар аз деҳаи Техарви болооби Ванҷ – навишта шудаанд: ''«Записано со словъ Сохиб-Назара, изъ кишлака Техарвъ, въ верховьяхъ р. Ванджа въ Дарвазѣ»'' (тарҷума: ''«Аз забони Соҳибназар, аз рустои Техарв, аз болооби рӯди Ванҷ дар Дарвоз, сабт шудааст»'').<ref name="fn85">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 99--100.</ref>
=== Расму оинҳои мотамӣ ===
Маросимҳои марбут ба давраҳои муҳими зиндагии инсон, аз ҷумла маросими мотаму дафн, дар Ванҷу Язғулом хусусиятҳои бениҳоят куҳан ва омехта аз эътиқодоти пешазисломию исломӣ (синкретӣ) то ба имрӯз нигоҳ доштаанд; ин расмҳо аз ҷониби мардумшиносони барҷаста, аз ҷумла М. С. Андреев, И. Л. Моногарова ва А. З. Розенфелд, мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд.<ref name="fn86">Расму оин ва анъанаҳо дар рӯзгори мардуми тоҷик мавқеи муҳим доранд // АМИТ «Ховар», сентябри 2017. Санҷида шуд 24 июли 2026.</ref> Дар ҷаҳонбинии мардуми кӯҳистон марг на анҷоми мутлақ, балки гузариш ба дунёи дигар ва оғози сафари нави рӯҳ дониста мешавад. Аз ҷумла, агар марҳум ҷавон бошад, барои гусели ӯ тобути махсусе бо матоъҳои равшану рангоранг (на сиёҳ) омода мекунанд, ки бо номи ''«гаҳвораи ноз»'' маъруф аст – ташбеҳи мустақими марг бо таваллуди дубора дар олами дигар, ки Розенфелд онро расми хеле куҳан ва боқимонда аз тасаввуроти бостонии мардуми ориёӣ арзёбӣ кардааст.<ref name="fn86" />
=== Айлоқравӣ ва расму оинҳои кишоварзӣ ===
Иқтисодиёти суннатии мардуми Ванҷ ба ду унсури ба ҳам вобаста – кишоварзӣ дар водиҳои танги поёнӣ ва чорводорӣ дар чарогоҳҳои баландкӯҳӣ – такя мекунад. Ҳар сол дар аввали тобистон, вақте ки заминҳои поёнӣ барои кишти ғалла, картошка ва сабзавот истифода мешаванд, раванди муҳоҷирати мавсимии подаи чорво ба чарогоҳҳои тобистонаи баландкӯҳ, ки бо номи ''«айлоқ»'' маъруф аст, оғоз мегардад.<ref name="fn86" /> Хусусияти ҷолиби ин кӯчиш дар он аст, ки қариб тамоми аҳли деҳа, бахусус занону кӯдакон, дар як рӯзи муайяншуда дастаҷамъӣ ба айлоқ мераванд, дар ҳоле ки қисме аз мардон дар деҳа мемонанд, то корҳои саҳроӣ ва обёрии заминро анҷом диҳанд.
Дар айлоқҳо занон тамоми тобистон машғули ҷӯшидани шир, тайёр кардани маска, равғани зард, дӯғу мосту тарфу ва қурут мешаванд.<ref name="fn86" />
== Забон ==
Мардуми Ванҷ бо гӯиши ванҷии забони тоҷикӣ сухан мегӯянд. Дар водии Язғулом бошад, яке аз забонҳои помирӣ – забони язғуломӣ роиҷ аст.
Лаҳҷаи ванҷии забони тоҷикӣ дар водии Ванҷ аз нимаи дуюми асри XIX густариш ёфта, забони бумии помириро, ки бо номи ванҷӣ маъруф буд, дар поёни ҳамин аср аз байн бурд. Забони ванҷӣ наздиктарин хеши забони язғуломӣ буда, ба гурӯҳи ''«шимолии»'' забонҳои помирӣ дар қатори язғуломӣ ва (эҳтимолан) саргуломӣ дохил мешуд. Мутахассисон аз байн рафтани онро ба охири асри XIX нисбат медиҳанд; мардумшиносон дар ибтидои асри XX аз ин забон танҳо чанд даҳ вожаро сабт карда тавонистаанд.<ref name="fn87">Памирские языки (рус.) // Лингвистический энциклопедический словарь. --- М.: Советская энциклопедия, 1990.</ref><ref name="fn88">Памирские языки (рус.) // Большая российская энциклопедия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Лаҳҷаҳои ванҷии забони тоҷикӣ мавзӯи таҳқиқи бунёдии эроншиноси рус А. З. Розенфелд гардидаанд, ки соли 1964 дар Ленинград монографияи махсуси ''«Ванджские говоры таджикского языка»''-ро дар ҳаҷми 151 саҳифа ба табъ расонидааст.<ref name="fn89">Розенфельд А. З. Ванджские говоры таджикского языка / ЛГУ им. А. А. Жданова. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- 151 с.</ref> Дар гуфтугӯи мардуми Ванҷ ҷӯйборҳои лозурӣ, ки деҳаҳо дар канораи онҳо бино ёфтаанд, ''«даргов»'' номида мешаванд; ба ақидаи Ҳ. Пирумшоев, ин вожа гунаи тағйирёфтаи ибораи ''«даргоҳи об»'' аст.<ref name="fn2" /> Аммо дуруст он аст, ки аслаш дарагоб/дараоб (обе ки аз дара меояд) аст, зеро дар форсии миёна "дара" "дараг" навишта ва талаффуз мешудааст. Тибқи фарзияи дигари забоншиносӣ, метавон решаи вожаи ''«дарғов»''-ро бо калимаи осетинии ''«dærg»'' (''«дароз»'') пайванд дод, яъне маънои аслии он ''«оби дароз»'' бошад.<ref name="fn164">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §50--52.</ref>
Тибқи таснифи Розенфелд, гӯишҳои ванҷӣ ҷузъи таркибии гӯишҳои дарвозӣ буда, якҷоя бо онҳо ба гурӯҳи васеътари гӯишҳои ҷанубу шарқии забони тоҷикӣ дохил мешаванд.<ref name="fn1562">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §59.</ref> Хусусияти муҳимтарини гӯишҳои дарвозиву-ванҷӣ – ҷобаҷогузории зарраи ''«ме-»''-и замони ҳозира-оянда аз аввали феъл ба охири он (миёни асос ва флексия) мебошад, ки дар ҳамаи гӯишҳои ин гурӯҳ, ба ғайр аз гӯиши болои Ванҷ, мушоҳида мешавад.<ref name="fn1572">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §60, §61.</ref> Аз миёни гӯишҳои дарвозӣ, ба гӯиши ванҷӣ аз ҳама наздиктар гӯиши ягидӣ (алалхусус ба зерлаҳҷаи водхудии поёни Ванҷ) ва гӯиши миёнаи дарвозиву-ваҳиёӣ (ба лаҳҷаи миёнаи Ванҷ) мебошанд.<ref name="fn158">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §62.</ref>
=== Лаҳҷаҳои дохилии гӯиши ванҷӣ ===
Розенфелд дар дохили гӯиши ванҷӣ се лаҳҷаи асосиро фарқ мекунад: лаҳҷаи поёни Ванҷ, лаҳҷаи миёнаи Ванҷ (ки онро боз лаҳҷаи ваҳиёиву-ванҷӣ низ меноманд) ва лаҳҷаи болои Ванҷ.<ref name="fn1512">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §54.</ref>
Лаҳҷаи поёни Ванҷ дар деҳаҳои соҳили рости дарёи Ванҷ (аз резишгоҳ ба боло) – Вискроғ, Бичхарвак, Рохарв (маркази ноҳия), Бовид ва Одешт – ва дар соҳили чап – Дашти Роғ, Лангар, Гишхун ва Ғумаяк, инчунин дар деҳаҳои ҷамоати Водхуд роиҷ аст; аксарияти сокинони поёни Ванҷ ва Водхуд муҳоҷиронанд, ки бештарашон аз Дарвоз ва қисман аз болои Ванҷ ба ин ҷо кӯчидаанд.<ref name="fn1522">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §55, саҳ. 12.</ref> Дар дохили ин лаҳҷа ду зерлаҳҷа – водхудӣ ва гишхунӣ – фарқ карда мешаванд; барои зерлаҳҷаи водхудӣ лабиалишавии қавии садоноки ''«о»'', мавҷудияти зарфи ''«fru/fre»'' ба маънои ''«поён»'' ва истифодаи шакли дуюми замони ҳозира-ояндаи феъл дар шахсҳои якум ва саввуми танҳо бо флексияи ''«-a»'' (масалан, ''«gama»'', ''«ravama»'' ба ҷои шакли маъмули дарвозиву-ванҷии ''«game»'', ''«rave»'') хос аст.<ref name="fn1532">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §56, саҳ. 12.</ref>
Лаҳҷаи миёнаи Ванҷ (ваҳиёиву-ванҷӣ) аз деҳаи Бунай то деҳаҳои Доршир (дар соҳили рост) ва Гуҷовас (дар соҳили чап), то деҳаи болотарини водӣ – Поймазор – паҳн аст. Сокинони ин минтақаро ''«ваҳиёчиён»'' меноманд, зеро аксарашон муҳоҷироне мебошанд, ки аз водии Ваҳиёи Боло ба ин ҷо кӯчидаанд. Барои ин лаҳҷа мавҷудияти ҳамсадоҳои болофаринголии ''«ҳ»'' ва ''«айн»'', истифодаи пасванди ''«-ak»'' дар шахси саввуми танҳои замони гузашта (''«umadastak»'' – ''«ӯ омад»''), калимаи ''«oča»'' ба маънои ''«модар»'' (ба ҷои ''«muma»''-и роиҷ дар дигар лаҳҷаҳои ванҷӣ) ва номи ''«ruzan»'' барои равзанаи дуд хос аст; ин лаҳҷа аз рӯи аломатҳои зикршуда ба лаҳҷаи ваҳиёиву-дарвозӣ наздик мешавад.<ref name="fn1542">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §57, саҳ. 12.</ref>
Лаҳҷаи болои Ванҷ аз деҳаи Доршир то сарчашмаҳои дарёи Ванҷ – дар деҳаҳои Сетарғ, Мурғутга, Ван-Вани Боло ва Поён (соҳили рост) ва Гуҷовас, Гумаст, Рованд, Гармчашма, Сунгад (соҳили чап) – паҳн аст. Сокинони ин минтақа худро ''«ванҷиҳо»'' ё ''«ванҷиёни туптӣ»'' (яъне бумӣ) меноманд ва маҳз дар ҳамин лаҳҷа лексикаи бештар архаистӣ, аз ҷумла боқимондаҳои алоҳидаи забони куҳани ванҷӣ, то имрӯз нигоҳ дошта шудааст.<ref name="fn1552">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §58, саҳ. 12--13.</ref> Хусусияти муҳимтарини лаҳҷаи болои Ванҷ дар он аст, ки зарраи ''«ме-»'' дар аввали шакли феълӣ боқӣ мемонад ва ба охири он нагузашта; маҳз бо ҳамин аломат, ин лаҳҷа аз ҳамаи дигар гӯишҳои дарвозиву-ванҷӣ фарқ мекунад.<ref name="fn1572" />
Аз лиҳози овоӣ (фонетикӣ), гӯишҳои ванҷӣ бо паҳншавии васеи фонемаи ''«ə»'' (ки ба садонокҳои кӯтоҳи забони адабӣ рост меояд) ва мулоимшавии садоноки ''«ӯ»'' тавсиф мешаванд.<ref name="fn159">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §1--3, саҳ. 5--6.</ref> Далели дигари куҳансолии ин гӯишҳо паҳншавии васеи фонемаи ''«ж»'' аст, ки дар забони адабии тоҷикӣ танҳо дар се-чор калима боқӣ мондааст, ҳол он ки дар гӯишҳои ванҷӣ гурӯҳи назарраси калимаҳо бо ин ҳамсадо сабт шудаанд (масалан, ''«жеғ»'' – якрав, ''«жовидан»'' – ҷавидан).<ref name="fn160">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §15, саҳ. 6--7.</ref> Афтодани ҳамсадои ''«д»'' дар миёни калима, ки хоси гӯишҳои дарвозиву-ванҷист, ба сохти флексияи феълӣ низ таъсир расонидааст: дар замони гузашта шахси саввуми танҳо флексияи ''«-и»''-ро мегирад (масалан, ''«babori»'' – ''«борид»''), шахси саввуми ҷамъ бошад – флексияи ''«-ин»''.<ref name="fn161">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §11.</ref>
Дар морфология, ҷамъбандии исм тавассути пасвандҳои ''«-о»'' (умумӣ), ''«-ун»'' (барои исмҳои ҷондор) ва ''«-гала»'' (барои гурӯҳи одамон) сурат мегирад.<ref name="fn1622">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §17.</ref>
Лексикаи гӯишҳои ванҷӣ, нисбат ба гӯишҳои дарвозӣ низ, дараҷаи баландтари архаизмро нишон медиҳад: дар он калимаҳое нигоҳ дошта шудаанд, ки дар забонҳои адабии тоҷикӣ ва форсӣ дигар истифода намешаванд, вале дар ашъори Фирдавсӣ ё дар фарҳангҳои қадимӣ сабт гардидаанд (масалан, ''«кӯп»'' ба маънои ''«санг»'', ''«харсанг»'').<ref name="fn163">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §48.</ref> Илова бар қабати калони калимаҳои помирӣ, дар гӯишҳои ванҷӣ гурӯҳи калимаҳое низ ба назар мерасанд, ки бо забони яғнобӣ ва ҳатто бо забони бостонии осетинӣ (аз шохаи шимолии забонҳои эронӣ) муштараканд.<ref name="fn164" /> Дар ''«Феҳристи калимаҳои куҳани ванҷӣ»'', ки ҳамчун замима ба монография пайваст шудааст, Розенфелд бар пояи таҳлили лексикӣ ва фонетикӣ ба хулосае мерасад, ки забони куҳани ванҷӣ ба гурӯҳи шуғнонию рӯшонии забонҳои помирӣ тааллуқ доштааст.<ref name="fn165">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- Замимаи «Феҳристи калимаҳои куҳани ванҷӣ».</ref>
Бархе донишмандони рус, монанди И. И. Зарубин, А. З. Розенфелд ва дигарон, назарияеро дар бораи вуҷуди куҳанзабони ванҷӣ (русӣ: старованджский язык) ироя кардаанд, ки тибқи он ин забон тақрибан дусад сол пеш аз байн рафта, гӯиши кунунии ванҷӣ ҷойгузинаш шудааст. И. И. Зарубин дар ин маврид мегӯяд:
"Забони куҳнаи ванҷӣ дар водии Ванҷ (шохоби рости Панҷ) ва саргуломӣ дар болооби дарёи Саргулом, дар шарқи вилояти Файзободи Афғонистон ривоҷ дошт. Тақрибан дусад сол пеш лаҳҷаҳои тоҷикӣ ҷои онҳоро гирифтанд".
Забоншинос Т. Н. Пахалина дар баррасии муқоисавии забонҳои помирӣ, забони ванҷиро дар силсилаи забонҳои помирӣ чунин ҷой додааст:
''«Ванджский язык, известный в настоящее время по небольшому количеству слов, зафиксированных в 1924 г. И. И. Зарубиным [6], а позднее — А. З. Розенфельд [28; 29] (в прошлом был распространен в долине Ванджа — правого притока Пянджа).»''
Тарҷума: ''«Забони ванҷӣ, ки имрӯз танҳо бо шумораи ками вожаҳо маълум аст ва соли 1924 аз ҷониби И. И. Зарубин ва баъдтар аз ҷониби А. З. Розенфелд сабт шудааст (дар гузашта дар водии Ванҷ — шохоби рости Панҷ — роиҷ буд).»''.<ref name="fn90">Пахалина Т. Н. Сравнительный обзор памирских языков // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 222.</ref>
Шаҳодати дигаре дар бораи фарҷоми ин забон дар мақолаи Т. Г. Абаева дар бораи пажӯҳишҳои А. В. Станишевский омадааст:
''«Укором в адрес лингвистов звучало сообщение о том, что в долине Ванча недавно умерли последние старики, владевшие ванчским языком.»''
Тарҷума: ''«Хабаре барои забоншиносон ҳамчун сарзаниш садо дод ва он ҳам дар бораи он, ки дар водии Ванҷ, ба наздикӣ пиронсолони охироне, ки забони куҳнаванҷиро медонистанд, аз дунё гузаштанд.»''.<ref name="fn91">Абаева Т. Г. Исследования А. В. Станишевского (Азиза Ниалло) о Памире // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 290.</ref>
Забони язғуломӣ, ки дар шаш деҳаи ҷамоати Язғулом ба кор меравад, забони бехат аст ва шумораи гӯяндагонаш тақрибан 3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад; аксари язғуломиён дузабонаанд ва забони тоҷикиро низ медонанд.<ref name="fn92">Язгулямский язык (рус.) // Лингвистический энциклопедический словарь. --- М.: Советская энциклопедия, 1990.</ref><ref name="fn93">Язгулямский язык (рус.) // Большая российская энциклопедия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Таҳқиқи бунёдии ин забон ба қалами эроншиноси маъруф Д. И. Эделман тааллуқ дорад, ки соли 1966 дар Маскав монографияи ''«Забони язғуломӣ»''-ро ба табъ расонидааст.<ref name="fn94">Эдельман Д. И. Язгулямский язык. --- М.: Наука, 1966.</ref> Пас аз муҳоҷирати соли 1954 бахше аз язғуломизабонон дар ноҳияи Куйбишеви водии Вахш низ сокин шуданд ва забони язғуломӣ то кунун дар он ҷо низ ба кор меравад.<ref name="fn60" />
Дар ''«Атласи забонҳои дар хатар қарордоштаи ҷаҳон»''-и ЮНЕСКО (таҳти таҳрири Кристофер Мозли, соли 2010), забони язғуломӣ ба зумраи забонҳои осебпазир (Vulnerable) дохил гардидааст.<ref name="fn95">Moseley Chr. (ed.) Atlas of the World\\\'s Languages in Danger. --- 3rd ed. --- Paris: UNESCO Publishing, 2010.</ref> Тибқи ҳамин Атлас, аз 15 забони дар хатар қарордоштаи Осиёи Марказӣ, 11-тояш дар Тоҷикистон, бештараш дар ҳудуди ВМКБ, роиҷ аст.<ref name="fn96">UNESCO publishes atlas of the world\\\'s languages in danger (англ.) // Тоҷикистон Ньюз Азия-Плюс, 29 июни 2017. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Пажӯҳиши ҷомеашиносии забонии Д. Пол, Э. Аббесс, К. Мюллер, К. Тиссен ва Г. Тиссен нишон медиҳад, ки муносибати сокинони водии Язғулом ба ҳарду забон – язғуломӣ ва тоҷикӣ – мусбат аст: забони модарӣ дар зиндагии рӯзмарра пурқувват боқӣ монда, ҳеҷ нишонае аз ҷойивазкунии он бо забони тоҷикӣ мушоҳида намешавад, ҳарчанд забони тоҷикиро низ дар баъзе ҳавзаҳо муфид медонанд.<ref name="fn97">Paul D., Abbess E., Müller K., Tiessen C., Tiessen G. Language Access and Tajik Language Proficiency among the Yazghulami of Tajikistan. --- SIL International, 2010.</ref> Дар пойгоҳи байналмилалии таснифи забонҳо ''«Глоттолог»'' забони куҳани ванҷӣ бо рамзи ''«oldw1238»'' ва забони язғуломӣ бо рамзи ''«yazg1240»'' сабт шудаанд.<ref name="fn98">Glottolog 5.0, коди «oldw1238» (забони куҳани ванҷӣ) ва «yazg1240» (забони язғуломӣ).</ref>
== Бахшбандӣ ==
Бар асоси Қонуни тақсимоти маъмурию ҳудудии кишвар, ноҳияи Ванҷ аз 1 шаҳрак (Ванҷ) ва 6 ҷамоат иборат аст:<ref name="fn99">Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. --- Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013. --- 332 с.</ref>
{| class="wikitable"
|+Ҷадвали 5. Ҷамоатҳои ноҳияи Ванҷ
!Ҷамоат
!Аҳолӣ (нафар)
!Деҳаҳо
|-
|ба номи Маҳмадулло Абдуллоев
|10 983
|Бичхарв, Бодалд, Ускроғ, Роғ, Дашти Роғ, Панҷшанбеобод, Убари Даргов, Рохарв, Гушхун, Ғумаяк, Бовуд, Одешт, Ҷангали Зуго
|-
|Водхуд
|2178
|Пшихарв, Даштак, Лугад, Бунига, Узбай, Лахш, Баравн, Баравни Таг, Баравни Тор, Ваҳдат, Вравз
|-
|Ҷовидон
|4201
|Бунай, Рав, Жовуд, Потов, Арнавад, Убго
|-
|Рованд
|5573
|Ширговад, Ғиҷоваст, Мудеҳарв, Вишхарвак, Старғ, Ғӯмас, Мурғутга, Рованд, Гармчашма, Ван-Ван, Сунгад, Поймазор
|-
|Техарв
|3401
|Гич, Садвадг, Сед, Шаврӯ, Техарв, Чихох, Удоб, Равгада
|-
|Язғулом
|6065
|Мотравн, Вишхарв, Будун, Шавуд, Андарбоғ, Жамаг
|}
Дар санадҳои расмии солҳои охир ҷамоати марказии ноҳия бо номи ''«деҳоти Маҳмадулло Абдуллоев»'' зикр мегардад.<ref name="fn4" />
Барои муқоиса, тибқи гузориши капитан Кузнецов, дар соли 1892 бекигарии Дарвоз (ки Ванҷ ҷузъи он буд) ба 11 амлокдорӣ тақсим мешуд:
''«Въ административномъ отношеніи Дарвозское бекство дѣлится на 11 амилякдарствъ: Чиль-Даринское, Тавиль-Даринское, Сагри-Даштское, Кала-и-Хумбское, Шикайское, Куфское, Хагонское, Май-Майское, Джумарчское, Ванчское, Вахія-болё и два особыхъ отдѣла–Язгулемскій и Тангъ-Шивскій.»''
Тарҷума: ''«Аз ҷиҳати маъмурӣ, бекигарии Дарвоз ба 11 амлокдорӣ тақсим мешавад: Чилдарин, Тавилдарин, Сағридашт, Қалъаи Хумб, Шикай, Куф, Ҳагон (Деҳхагон), Моймай, Ҷумарҷ, Ванҷ, Вахиёи Боло ва ду шӯъбаи алоҳида — Язғулом ва Тангшив»''.<ref name="fn100">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 68.</ref>
Аз ин тақсимот бармеояд, ки Ванҷ дар соли 1892 аллакай ҳамчун амлокдории алоҳида, ва Язғулом ҳамчун шӯъбаи ниммустақилу ба таври алоҳида идорашаванда фарқ карда мешуданд — падидае, ки то андозае бо бахшбандии имрӯзаи ноҳия, ки дар он Язғулом ҷамоати алоҳида аст, монандӣ дорад.
Тақрибан ҳаштод сол пас аз гузориши Кузнецов, забоншинос Д. И. Эделман, бар пояи маводи саҳроии худ ва пажӯҳиши А. З. Розенфелд, рӯйхати муфассали рустоҳои Ванҷро чунин овардааст:
''«Население Ванджа ныне говорит по-таджикски, хотя сравнительно недавно здесь еще бытовал ванджский язык, принадлежавший к памирской группе языков. Названия кишлаков по течению Пянджа: Даштак, Узбай, Лахш, Варавз, Лангарак, Бараун, Водхуд; по Ванджу: Бич-харвак, Рог, Лангар, Гишхун, Рохарв (официально Ванч), Гумаяк, Одешт, Бунай, Потоу, Жовид, Чихох, Сед, Техарв, Гуджовас, Ширговат, Доршир, Гумаст, Сетарг, Рованд, Мургытга, Сунгад, Ван-Ван, Поймазор.»''
Тарҷума: ''«Аҳолии Ванҷ имрӯз бо забони тоҷикӣ гуфтугӯ мекунад, ҳарчанд то ба ҳамин наздикӣ, дар ин ҷо, ҳанӯз, забони куҳнванҷӣ роиҷ буд, ки ба гурӯҳи забонҳои помирӣ тааллуқ дошт. Номҳои рустоҳо дар масири Панҷ: Даштак, Взбай, Лахш, Вароваз, Лангарак, Баравн, Водхуд; дар масири Ванҷ: Бичхарвак, Роғ, Лангар, Гишхун, Рохарв (расман Ванҷ), Ғумаяк, Одешт, Бунай, Потов, Жовид, Чхох, Сед, Техарв, Ғҷовас, Шрговад, Дуршер, Ғӯмас, Старғ, Рованд, Мурғтга, Смгад, Ван-Ван, Поймазор.»''.<ref name="fn101">Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 50.</ref>
== Хоҷагидорӣ ==
Соҳаҳои асосии хоҷагидории ноҳия ғаллакорӣ, чорводорӣ, боғдорӣ ва сабзавоткорист; дар замони шӯравӣ тамокукорӣ низ соҳаи асосӣ буд. Соли 1939 дар тамоми ВМКБ 123 колхоз мавҷуд буд, аз ҷумла дар Ванҷ 30 колхоз таъсис дода буданд.
Водии Водхуд аз қадим бо ҳосилхезии замин ва фаровонии тути худ ном баровардааст: захираи ғалла ва меваи хушки ин мавзеъ (тут, зардолу, себ) на танҳо сокинони маҳаллӣ, балки деҳоти камзамини ҳамсояро низ аз танқисӣ мераҳонд ва ибораи мардумии ''«тути Водхуд пухт, имсол ҳам ҷон ба саломат бурдем»'' аз ҳамин воқеият бармеояд.<ref name="fn2" />
Дар ноҳия 53 хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд аст. Майдони умумии заминҳои хоҷагӣ 14 417 гектар аст, аз ҷумла заминҳои корам – 1381 гектар (2012), чарогоҳҳо – 1219 гектар, боғҳо – 734 гектар. Тибқи омори соли 2012 дар ноҳияи Ванҷ 2478 тонна ғалла, 1924 тонна гӯшт, 1 млн дона тухм, 3742 тонна шир, 157 тонна чормағз, 6353 тонна сабзавот ва 11 295 тонна картошка ба даст омад. Бар асоси омори соли 2011, шумораи чорво дар хоҷагиҳо чунин буд: гов – 15 234 сар, гӯсфанду буз – 32 498 сар.
Дар давоми даҳсолаи охир сохтори хоҷагидории ноҳия ба таври куллӣ дигаргун шуд: ба ҷои 53 хоҷагии деҳқонии соли 2012, имрӯз 14 ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ 120 хоҷагии инфиродиро бо фарогирии 3217 саҳмдор муттаҳид месозад.<ref name="fn102">Ванҷ. Рушди соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Майдони умумии заминҳои корам ба 2601 гектар расидааст, ки аз он бештар аз 1080 гектарро боғҳои мевадиҳанда ташкил медиҳанд; танҳо дар бист соли охир 282 гектар замини нав аз худ карда шудааст.<ref name="fn103">Дар ноҳияи Ванҷ соҳаи боғпарварӣ рушд меёбад // АМИТ «Ховар», 18 ноябри 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Тибқи таҳлилҳои муқоисавӣ, дар зарфи се даҳсолаи охир истеҳсоли ғалладонагиҳо тақрибан 6 баробар, картошка 8 баробар, сабзавот 16 баробар ва мева 42 баробар афзудааст.<ref name="fn104">Ванҷ. Ҷашни истиқлол мондагор хоҳад буд // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Танҳо то охири моҳи октябри соли 2025 аз боғоти ноҳия 2205 тонна меваи тару тозаву хушк ба бозорҳои хориҷӣ ва шаҳрҳои калони ҷумҳурӣ содирот гардид,<ref name="fn103" /> ва моҳи августи соли 2023 кишоварзони ноҳия дар ярмаркаи Боғи ''«Куруши Кабир»''-и Душанбе зиёда аз 13 тонна маҳсулоти тару тоза ба сокинони пойтахт пешниҳод карданд.<ref name="fn105">Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби кишоварзони ноҳияи Ванҷ // АМИТ «Ховар», августи 2023. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Аз соли 2009, вақте ки дар ноҳия аввалин ду гармхонаи намунавӣ ба кор дароварда шуданд,<ref name="fn106">Дар Ванҷ гармхонаҳо ба кор даромаданд // АМИТ «Ховар», августи 2009. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> технологияи гармхонагӣ дар қисматҳои поёнии ноҳия паҳн шудааст. Дар давраи охир, дар ҳамкорӣ бо мутахассисони минтақаи илмӣ-таҷрибавии ''«Ҷангали Зуго»''-и Институти биологии Помир, соҳибкор Ҳайдар Фаёзов аз деҳаи Гишхун дар ноҳия парвариши озмоишии лимӯ ва дигар меваҳои ситрусиро оғоз кард – навъе, ки то ҳол дар ВМКБ танҳо хоси баъзе минтақаҳои ноҳияи Дарвоз буд.<ref name="fn107">Ванҷ. Авлавият ба рушди лимӯпарварӣ // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Чорводорӣ ва занбӯриасалпарварӣ ===
Дар муқоиса бо давраи пеш аз истиқлол, дар ноҳия саршумори чорвои калону майда дар маҷмуъ 2 баробар, истеҳсоли гӯшт 4 баробар ва истеҳсоли тухм 31 баробар афзудааст.<ref name="fn104" /> Тибқи омори соли 2023, саршумори чорвои калони шохдор ба 17 135 сар (нисбат ба 15 234 сар дар соли 2011) ва моли майда (гӯсфанду буз) ба 41 000 сар (нисбат ба 32 498 сар) расидааст; ҳамчунин дар хоҷагиҳои ноҳия 41 350 сари парранда ва 1082 оилаи занбӯри асал ба қайд гирифта шудааст.<ref name="fn104" /><ref name="fn102" /> Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди занбӯриасалпарвариро яке аз воситаҳои пасткунандаи камбизоатӣ ва таъминкунандаи шуғли деҳот муайян кардааст.
Сарватҳои зеризаминии ноҳия: пахтасанги кӯҳӣ (асбест), молибден, мармар ва ғайра; инчунин конҳои никел, оҳансанг ва оҳак мавҷуданд.
=== Муҳоҷирати меҳнатӣ ===
Мисли аксари минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон, иқтисодиёти хонаводаҳои Ванҷ ба таври назаррас аз муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳаволапулиҳо вобаста аст. Тибқи арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ аз моҳи ноябри соли 2025, ҳаволапулиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ беш аз 30 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд ва, гарчанде вобастагӣ ба ин маблағҳо сатҳи камбизоатиро коҳиш додааст, нобаробарии даромад (нишондиҳандаи Гини) аз 32 то 38 дар байни солҳои 2021 ва 2023 афзудааст; ВМКБ дар қатори минтақаҳое зикр шудааст, ки бо маҳдудиятҳои шадиди ҷуғрофиву иқлимӣ рӯбарӯянд.<ref name="fn108">Tajikistan Poverty and Equity Assessment (англ.) // Бонки Ҷаҳонӣ, ноябри 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Пажӯҳиши умумимиллии соҳаи тандурустӣ доир ба муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон нишон додааст, ки дар байни панҷ минтақаи кишвар (Душанбе, ВМКБ, Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ), ҳиссаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар аҳолии ВМКБ (49,59 фоиз аз намунаи пажӯҳишӣ) назар ба дигар минтақаҳо (камтар аз 32 фоиз) хеле баландтар будааст.<ref name="fn109">Inclusion of Labor Migrants as a Potential Key Population for HIV: A Nationwide Study from Tajikistan (англ.) // PMC/NCBI. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар маҷмуи умумимиллӣ, беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон ҳарсола барои кор ба Русия мераванд; ҳаволапулиҳо дар соли 2013 қариб нисфи маҷмуи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медоданд, ки то соли 2018 ба тақрибан 30 фоиз (2,2 миллиард доллари ИМА) коҳиш ёфт.<ref name="fn110">Dependent on Remittances, Tajikistan\\\'s Long-Term Prospects for Economic Growth and Poverty Reduction Remain Dim (англ.) // Migration Policy Institute. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Саноат ===
Дар ноҳия корхонаҳои хурди саноатӣ – сехи чӯҷабарорӣ, заводи хишти ''«Лугад»'', ҶДММ ''«Хрустал»'' – фаъолият доранд. Дар Ванҷ бозорҳои марказӣ ва марзӣ низ амал мекунанд.
25 июни соли 2025 дар ноҳия корхонаи истеҳсоли калсит, коркарди мармар ва сангҳои ороишии ҶСК ''«Мармар Стоун»'' ба кор шурӯъ кард, ки иқтидори солонаи он 40 ҳазор тонна маҳсулот буда, 40 сокини маҳаллиро бо ҷои кори доимӣ таъмин намудааст. Корхона чор хатти истеҳсолӣ дорад ва дар он беш аз 20 навъи санги табиӣ коркард мешавад; иқтидори истеҳсоли тахтасангҳои ороишӣ (мозаика) 10 ҳазор м³ ва коркарди санги мармар 160 ҳазор м³ дар як солро ташкил медиҳад.<ref name="fn111">Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ аз Ванҷ оғоз шуд. Президент дар ин ноҳия кадом иншоотро ба истифода дод? // Asia-Plus, 25 июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn112">Ифтитоҳи корхонаҳои истеҳсоли калсит, коркарди мармар ва сангҳои ороишии ҶСК «Мармар Стоун» дар ноҳияи Ванҷ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
Дар ҳамон рӯз Парки саноатии ноҳия мавриди истифода қарор гирифт, ки дар масоҳати 788 м² ҷойгир буда, 6 корхонаи хурди истеҳсолиро фаро мегирад: истеҳсоли макарон, бандубасти маҳсулоти лӯбиёгӣ, коркарди равғани чормағз, коркард ва бандубасти меваи хушк, истеҳсоли собун ва дару тирезаҳои пластикӣ. Фаъолияти парк дар маҷмуъ 36 сокини маҳаллиро бо кор таъмин мекунад.<ref name="fn111" /><ref name="fn113">Ифтитоҳи Парки саноатии ноҳияи Ванҷ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
Дар доираи ҳамин парк, инчунин корхонаи коркарди равғани ангат (Hippophae rhamnoides) – растании шифобахши худрӯй, ки дар қад-қади дарёҳои ноҳия фаровон мерӯяд – ба кор шурӯъ кардааст; иқтидори он то 500 килограмм равғани холис дар як сол буда, аз ин ашё то 12 навъи маҳсулоти фармасевтию косметологӣ омода карда мешавад.<ref name="fn114">Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ // Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ, июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Пеш аз таъсиси ин корхона, дар деҳаи Ғуҷоваст соҳибкорзан Васила Ғафурова коргоҳи хурди коркарди ангатро таъсис дода буд, ки маводи он берун аз ноҳия низ харидор пайдо кардааст.<ref name="fn111" /> Барои дастгирии соҳибкории хурду миёна дар солҳои 2018-2019 ба соҳибкорони ноҳия зиёда аз 6,5 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шудааст.<ref name="fn115">Сафарҳои дохилӣ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Энергетика ===
Дар Ванҷ чандин неругоҳи хурди барқи обӣ (НБО) фаъолият мекунад. Аз ҷумла, НБО-и ''«Техарв»'' дар дарёи Ванҷ бо иқтидори 400 кВт таҷдид гардида, ба шабакаи ягонаи барқи кишвар пайваст карда шудааст; НБО-и ''«Андарбак»'' дар водии Язғулом ба шабакаи ширкати ''«Помир Энерҷӣ»'' пайваст аст.<ref name="fn116">Реконструкция МГЭС Техарв на реке Ванч мощностью 400 кВт в Ванчском районе Горно-Бадахшанской автономной области (рус.) // CAWater-Info. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Таҳлилҳои соли 2021 нишон дода буданд, ки шабакаҳои барқии ноҳия ҳамагӣ 2,6 мегаватт барқ истеҳсол мекунанд, дар ҳоле ки барои фаъолияти пуриқтидори корхонаҳои нави саноати кӯҳӣ (ба мисли ''«Мармар Стоун»'') беш аз 5,6 мегаватт лозим буд.<ref name="fn117">Имсол дар Ванҷ дар 15 гектар боғи нав бунёд карда шуд // АМИТ «Ховар», июли 2021. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Моҳи июни соли 2025 хатти интиқоли барқи дузанҷираи 35 ва 110-киловолтаи Хоруғ-Рӯшон бо дарозии 67,5 км ва зеристгоҳи ''«Ҷангал»'' ба маблағи умумии 114 миллион сомонӣ ба истифода дода шуд, ки интиқоли муназзами неруи барқро ба ноҳияҳои Рӯшон, Ванҷ ва Дарвоз ба маротиб беҳтар мегардонад; ҳамзамон сохтмони хатти 42-километраи интиқоли барқи 110-киловолта аз маркази ноҳияи Рӯшон то зеристгоҳи ''«Вознавд»'' оғоз ёфт, ки ба истифода додани он дар нимсолаи аввали соли 2026 пешбинӣ шудааст.<ref name="fn118">Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон // АМИТ «Ховар», июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Нақлиёт ===
Нақлиёти ноҳия асосан автомобилист; як фурудгоҳи хурд ҳам дар шаҳраки Ванҷ (Рохарв) вуҷуд дорад. Қаламрави ғарбии ноҳия дар масири шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Мурғоб-Қулма қарор дорад; лоиҳаи таъмиру таҷдиди қитъаи ин шоҳроҳ аз Қалъаихумб то Ванҷ ва сарҳади ноҳияи Рӯшон арзиши умумии 2,5 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки то имрӯз корҳо ба маблағи 900 миллион сомонӣ анҷом ёфтаанд.<ref name="fn119">Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ванҷ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> 25 июни соли 2025 роҳи мошингарди маркази ноҳия то нуқтаи пайвастшавӣ ба ин шоҳроҳ, иборат аз ду хатти ҳаракат бо дарозии умумии 16 км, пас аз таҷдид ба истифода дода шуд; дар дарозои роҳ истгоҳҳои нақлиётӣ ва гузаргоҳҳо барои пиёдагардон бунёд гардидаанд.<ref name="fn111" /><ref name="fn120">Ифтитоҳи роҳи маркази ноҳияи Ванҷ то нуқтаи пайвастшавӣ ба шоҳроҳи Душанбе--Кулма // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
23 июни соли 2025 ширкати ҳавопаймоии ''«Тоҷик Эйр»'' пас аз ёздаҳ соли танаффус (парвози охирин соли 2014 сурат гирифта буд) хатсайри ҳавоии Душанбе-Ванҷ-Душанберо аз нав кушод: парвози нахустин бо 15 мусофир анҷом ёфт. Парвоз дар ин масир 50 дақиқа тӯл кашида, тибқи ҷадвал ҳафтае як маротиба, рӯзҳои ҷумъа, бо ҳавопаймои Ан-28 иҷро мешавад ва нархи чипта дар як самт 750 сомонӣ муайян гардидааст.<ref name="fn121">Оғози парвози ҳавопаймоӣ миёни Душанбе ва Ванҷ. Аввалин парвоз кай ва нархи чипта чанд аст? // Asia-Plus, июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn122">Пас аз 11 сол. Аввалин парвози ҳавопаймо дар масири Душанбе-Ванҷ-Душанбе анҷом ёфт // Asia-Plus, 23 июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар доираи татбиқи ''«Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»'' (қабулшуда 28 июни соли 2024), 24 феврали соли 2026 дар шафати роҳҳои мошингарди ноҳияи Ванҷ беш аз 2000 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва сояафкану мевадиҳанда шинонида шуд.<ref name="fn123">ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳҳои мошингарди Ванҷ беш аз 2000 бех ниҳол шинонида шуд // АМИТ «Ховар», 24 феврали 2026. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Фарҳангу маориф ==
Пеш аз инқилоб аҳолии маҳаллии Ванҷ дар масҷидҳо ва хонаҳои муллоён хатту савод меомӯхтанд ва на ҳама ақшори мардум фурсат ва имкони саводомӯзӣ доштанд. Аз ин рӯ нисбати саводнокӣ дар миёни онҳо хеле паст буд ва ба сахтӣ метавонист ба 3-10 % бирасад. Саводомӯзии саросарии аҳолиро ҳукумати шӯравӣ ба роҳ монд.
Соли 1926 нахустин мактаб дар минтақа фаъолияти худро оғоз намуд: дар он танҳо 1 муаллим – Одил Боқиев (аз деҳаи Чихох) кор мекард ва 25 талаба дар он ҷо дарс меомӯхтанд. Соли 1930 шумораи муаллимон ба 7 нафар расид. Дар авохири даҳаи 30-юми асри XX тақрибан дар ҳамаи маҳалҳои сераҳолии деҳшӯроҳои Ванҷ мактабҳои ибтидоӣ таъсис ёфтанд, ки бештари бачагону наврасон дар онҳо таҳсил мекарданд.
Тобистони соли 1941 (дар арафаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ) дастгоҳи кинонамоишдиҳӣ дар Ванҷ сохта, ба марҳалаи истифода расид. Соли 1941 дар вилоят 41 китобхона вуҷуд дошт, аз ҷумла китобхонаи ноҳиявӣ дар маркази Ванҷ ва 12 чойхонаи сурх. Дар аввали моҳи апрели соли 1930 дар яке аз деҳаҳои баландкӯҳи водии Ванҷ – Рованд нахустин маҷлиси ҷавонон баргузор шуд.
Дар соли таҳсилии 2011-2012 дар ноҳияи Ванҷ 50 мактаб, аз ҷумла 23 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 4 мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, 13 мактаби ибтидоӣ, мактаб-интернат ва муассисаи томактабӣ вуҷуд дошт. Дар ҳамин сол дар мактабҳои ноҳия 7437 талаба таҳсил мекард, ки ба онҳо 928 муаллими соҳибмаълумоти олӣ дарс медоданд.
25 июни соли 2025 дар деҳаҳои Мотравн, Будун, Вишхарв, Жамаг, Бунай, Техарв ва Ғиҷовасти ноҳия 7 кӯдакистони нав ифтитоҳ гардид: чор кӯдакистон аз ҳисоби буҷети маҳаллии вилоят ва се кӯдакистони дигар аз ҳисоби сокинони деҳаҳо тариқи ҳашар сохта шудаанд. Ин муассисаҳо аз 20 синфхона иборат буда, барои 380 тарбиятгиранда пешбинӣ шудаанд ва дар онҳо 34 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.<ref name="fn111" /><ref name="fn124">Ифтитоҳи 7 кӯдакистон дар ноҳияи Ванҷ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
Дар Ванҷ 45 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 1 театр, 13 клуб, 2 автоклуб, 5 хонаи фарҳанг, 25 китобхона бо фонди 114 960 нусха китоб фаъолият мекунад. Рӯзномаи ноҳиявӣ бо номи ''«Ватан»'' нашр мешавад.
== Тиб ==
Аввалин иттилои тиббии сабтшуда дар бораи Ванҷ ба гузориши капитан Кузнецов (соли 1892) рост меояд, ки паҳншавии бемории зоб (гулбандварамӣ)-ро дар байни дигар бемориҳои маъмули Дарвоз махсус қайд кардааст:
''«Изъ другихъ болѣзней особенно развитыхъ въ Дарвозѣ, слѣдуетъ отмѣтить зобъ, главнымъ образомъ по рѣкѣ Ванчъ.»''
Тарҷума: ''«Аз дигар бемориҳое, ки дар Дарвоз хеле паҳн шудаанд, бояд зобро қайд кард, ки асосан дар канори дарёи Ванҷ вомехӯрад»''.<ref name="fn125">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 51.</ref>
Соли 1939 дар Ванҷ маркази тиббӣ ва бемористоне барои 10 кат сохта шуда буд. Ин иттифоқ дар канори душвориҳои азиме ба вуҷуд омад: то оғози асри XX дар водӣ тибби илмӣ вуҷуд надошт ва сокинон танҳо ба гиёҳдармонӣ ва дуохонӣ такя мекарданд, ки боиси сатҳи баланди фавти модарону кӯдакон мегардид.<ref name="fn49" /> Тибқи як таҳқиқи диссертатсионӣ, гузариш ба тибби муосир бо муқовимати шадид ҳамроҳ буд: соли 1929 табиби рус Спажев, ки барои расонидани кумаки аввалияи тиббӣ ба Ванҷ фиристода шуда буд, аз ҷониби дастаҳои босмачӣ ба қатл расонида шуд – ҳодисае, ки соли 1931 бо қатли табиб Олхов дар ноҳияи ҳамҷавори Қалъаихумб такрор ёфт.<ref name="fn126">Диссертатсия // Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ.</ref> Муҳоҷирати маҷбурии соли 1954-и сокинони водии Язғулом ба водии гарми Вахш низ оқибатҳои вазнини беҳдоштӣ – бемории оммавӣ ва фавти зиёди кӯдакон – ба бор овард, ки яке аз сабабҳои бозгашти тадриҷии як қисми муҳоҷирон ба зодгоҳашон гардид.<ref name="fn49" />
Ҳоло дар ноҳия як беморхонаи марказӣ (дар шаҳраки Рохарв, дорои 6 шуъбаи бистарикунонӣ), як беморхонаи минтақавӣ дар водии Язғулом, 22 бунгоҳи тиббӣ, маркази назорати беҳдоштӣ (санитарию эпидемиологӣ) ва 4 дорухона фаъолият доранд. Тибқи маълумоти соли 2023, ба ин шабака 57 310 нафар бемор муроҷиат кардааст – ба ҳисоби миёна беш аз 1,6 маротиба барои ҳар сокини ноҳия дар як сол.<ref name="fn127">Ванҷ. Роҳандозии тадбирҳо дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар сохтори марказии шабака 47 духтури дорои маълумоти олӣ ва 193 корманди миёнаи тиббӣ кор мекунанд; рақами 369 нафар пизишки дорои маълумоти олӣ, ки дар маъхазҳои умумӣ оид ба ноҳия зикр мешавад, эҳтимол тамоми мутахассисони тиббии ҳудуди ноҳияро – аз ҷумла дорухонаҳо, СЭС ва муассисаҳои хусусиро – дар бар мегирад.<ref name="fn127" />
Дар водии дурдасти Язғулом, ки пеш аз истиқлол мардум маҷбур буданд беморони вазнинро тавассути чорвои борбар ба масофаҳои дур интиқол диҳанд, имрӯз як дармонгоҳи минтақавӣ, ду маркази саломатӣ, се бунгоҳи тиббӣ дар деҳаҳои дурдаст ва як таваллудхонаи махсусгардонидашуда фаъолият доранд.<ref name="fn127" /> Дар деҳаи Гармчашмаи ҷамоати Рованд, наздики лозури Ванҷях, як маркази саломатии муосир бо ҳамкории Вазорати тандурустӣ ва Хадамоти ҳифзи сиҳатии Бунёди Оғохон (Aga Khan Health Services) сохта шудааст.<ref name="fn128">Ифтитоҳи маркази саломатӣ дар ноҳияи Ванҷ // АМИТ «Ховар», сентябри 2015. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар доираи барномаи миллии рушди инфрасохтори тиббӣ, соли 2025 сохтмони бинои нави Беморхонаи марказӣ барои 120 кат бо арзиши 114 миллион сомонӣ оғоз гардид.<ref name="fn129">Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Ванҷ // Президенти Тоҷикистон, 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Барои ҳалли норасоии кадрҳо, тайи давраи соҳибистиқлолӣ 142 нафар хатмкунандаи ноҳияи Ванҷ дар муассисаҳои олии тиббии ҷумҳурӣ (пеш аз ҳама Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино) таҳсил кардаанд, ки аз ин шумора 40 нафар тавассути квотаи президентӣ буда, соли 2025 боз 22 нафари дигар ба ҳамин квота фаро гирифта шуданд.<ref name="fn129" /> Барномаи ''«Корвони саломатӣ»''-и Вазорати тандурустӣ низ борҳо ба Ванҷ ташриф оварда, ба табибони маҳаллӣ таҷрибаандӯзӣ фароҳам овардааст.<ref name="fn130">«Корвони саломатӣ». Сокинони ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ бо хизматрасонии ройгони тиббӣ фаро гирифта шуданд // АМИТ «Ховар», майи 2022. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Бо сабаби баландкӯҳ будани минтақа, Ванҷ таърихан ба минтақаҳои паҳншавии бемории ҷоғвар (норасоии йод) мансуб буд; тибқи маълумоти таҳлилӣ, дар натиҷаи стратегияи миллии йодизатсияи намак сатҳи паҳншавии ин беморӣ дар давраи солҳои 2019-2023 то 72 фоиз коҳиш ёфтааст.<ref name="fn131">Авҷи Зуҳал, № 2, 2025.</ref> Бо назардошти сатҳи баланди муҳоҷирати меҳнатии сокинони ноҳия, маркази маҳаллии мубориза бар зидди ВНМО (ВИЧ) корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни ҷавонон пайваста мегузаронад.<ref name="fn127" /> Дар давраи пандемияи COVID-19 Беморхонаи марказии Ванҷ шуъбаи бемориҳои сироятиро ба реҷаи фавқулодда гузаронид, ва моҳи июни соли 2020 тибқи барномаи дастгирии Иттиҳоди Аврупо ба ин муассиса таҷҳизоти муҳофизати инфиродӣ (PPE) расонида шуд.<ref name="fn132">EU timeframe for PPE distribution // Хадамоти амали берунии Иттиҳоди Аврупо (EEAS), июни 2020. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Беморхонаи марказӣ соли 2014 пурра ба низоми гармкунии барқӣ (аз ҳисоби неругоҳҳои хурди барқи обӣ) гузашт, ҳарчанд барои ҳолатҳои фавқулодда ҳарсола захираи эҳтиётии сӯзишворӣ нигоҳ дошта мешавад.<ref name="fn133">Беморхонаи Ванҷ ба низоми гармкунии барқӣ гузашт // АМИТ «Ховар», январи 2014. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Тибқи санҷиши Агентии амнияти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳо (июли 2024), Беморхонаи марказии Ванҷ талаботи қонунгузории бехатарии радиатсиониро пурра риоя намуда, дараҷаи хатари фаъолияти он ''«паст»'' арзёбӣ шудааст.<ref name="fn134">Феҳристи Агентии амнияти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ (cbrn.tj). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Варзиш ==
Ванҷ аз даврони қадим бо гуштигирони номвари худ шуҳратёр буд. Номи паҳлавонони ванҷӣ – Амонат, Сулаймон, Дилдор, Хушдил, Худоӣ, Ҳиммат, Ш. Дилов, Алифбек ва дигарон то кунун ба некӣ ёд мешавад ва қиссаҳои майдондориашон ҳанӯз вирди забони хосу ом аст. Соли 2024 гӯштини миллии тоҷикӣ (гӯштингирӣ) дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта шуда, мақоми расман байналмилалӣ касб кард; шумораи мусобиқаҳои ин намуди варзиш дар саросари ҷумҳурӣ аз 485 адад дар соли 2020 то тақрибан 4000 адад дар соли 2022 афзудааст.<ref name="fn135">Гӯштини тоҷикӣ мақоми байналмилалӣ гирифт // Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Паҳлавони ванҷӣ Шакармамад Мирмамадов, ки дар якчанд намуди варзиш (ҷудо, кураш, гӯштингирӣ) рақобат мекунад, яке аз муваффақтарин варзишгарони вазни сангини Тоҷикистон дар даҳсолаи охир аст: соҳиби медали биринҷии Бозиҳои XVIII осиёии соли 2018 дар Ҷакарта (ҷудо, +100 кг),<ref name="fn136">Бозиҳои XVIII осиёӣ: Шакармамад ҳам соҳиби медали биринҷӣ гардид // Радиои Озодӣ. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> медали тиллои Чемпионати 13-уми Осиё оид ба кураш дар Теҳрон (июни 2024)<ref name="fn137">Шакармамад Мирмамадов қаҳрамони Осиё оид ба кураш // Варзиш ТВ. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> ва медали тиллои Нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ дар Душанбе (28-31 августи 2024, бо иштироки беш аз 200 варзишгар аз 63 давлат) гардид.<ref name="fn138">Варзишгари тоҷик Шакармамад Мирмамадов дар нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ медали тилло ба даст овард // АМИТ «Ховар», августи 2024. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар мусобиқаҳои Наврӯзии байналмилалӣ дар Хоруғ (марти 2025) ва Рашт (апрели 2026) низ ғолиб омада, ҳарду бор соҳиби автомобил гардид.<ref name="fn1392">Шакармамад Мирмамадов барандаи Шоҳҷоизаи Мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ дар шаҳри Хоруғ гардид // АМИТ «Ховар», 26 марти 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn1402">Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд // АМИТ «Ховар», 15 апрели 2026. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
25 марти соли 2020 дар ҷамоати деҳоти Язғулом бахшида ба Наврӯз мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ баргузор гардид, ки дар он беш аз 300 нафар паҳлавон на танҳо аз Ванҷ, балки аз Душанбе, Бохтар, Кӯлобу Хоруғ ва ноҳияҳои Дарвозу Рӯшон иштирок карданд.<ref name="fn1" />
Дар ноҳия беш аз 40 иншооти варзишӣ мавҷуд аст. 25 июни соли 2025 дар деҳаи Убари Даргов толори варзишӣ бо масоҳати умумии 615 м², иборат аз толори асосӣ, толори тенниси рӯи миз ва ҳуҷраҳои ёрирасон, ба истифода дода шуд.<ref name="fn111" /><ref name="fn1412">Ифтитоҳи толори варзишӣ дар деҳаи Убари Даргови ноҳияи Ванҷ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref> Ҳамчунин, 15 ноябри соли 2025, дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар деҳаи Андарбоғи ҷамоати Язғулом толори варзишии замонавӣ, ки бо маблағи 480 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст, ба истифода дода шуд.<ref name="fn1422">Бахшида ба Рӯзи Президент дар деҳаи Андарбаки ноҳияи Ванҷ толори муосири варзишӣ ба истифода дода шуд // АМИТ «Ховар», 15 ноябри 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Пеш аз ин, 11 сентябри соли 2018 бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамин ҷамоати Язғулом низ як толори варзишӣ ба истифода дода шуда буд.<ref name="fn15" />
Ба ғайр аз гӯштин, дар солҳои охир волейбол низ дар ноҳия рушд кардааст: дар мусобиқаи маҳаллӣ 7 дастаи волейболи ҷавонон иштирок доранд, ва дастаи ноҳияи Ванҷ дар Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявии волейбол дар ноҳияи Восеъ дар қатори дастаҳои пуриқтидоре чун ''«Регар ТадАЗ»'' ва дастаи шаҳри Душанбе иштирок карда, рақобати арзанда нишон додааст.<ref name="fn1432">«Регар ТадАЗ» дар мусобиқа оид ба волейбол дар ноҳияи Восеъ сазовори Шоҳҷоиза гардид // АМИТ «Ховар», июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар Бозиҳои осиёии соли 2018, ки самбо бори аввал ба барномаи он дохил шуда буд, Тоҷикистонро дар қатори дигарон ду варзишгари ҷавон – Ҷомии Ҳасанӣ ва Сомон Сангов – намояндагӣ карданд.<ref name="fn136" />
== Шахсиятҳои маъруф ==
Мулло Муҳаммадёри Ванҷӣ (машҳур ба Мулло Ёр) – шоири маъруфи мардумии тоҷик, зодаи деҳаи Ғумаяки водии Ванҷ; мероси ӯ то имрӯз дар байни мардуми кӯҳистони тоҷик маҳбубият дорад.<ref name="fn2" />
Раҳим Масов (16 ноябри 1939, деҳаи Мудеҳарви ноҳияи Ванҷ – 21 июни 2018, Душанбе) – таърихшиноси барҷастаи тоҷик, доктори илмҳои таърих, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон; солҳои 1988-2015 директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш.<ref name="fn1442">Академик Рахим Масов: жизнь, посвящённая отстаиванию национальных интересов Таджикистана (рус.) // НИАТ «Ховар», 16 ноябри 2022. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn1452">Сегодня в Душанбе скончался академик Рахим Масов (рус.) // Азия-Плюс, 21 июни 2018. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Ҳайдаршо Пирумшоев (таваллуд 30 декабри 1944, ноҳияи Ванҷ) – таърихшинос, доктори илмҳои таърих, профессор; муаллифи асарҳои ''«Ванҷ»'' (М., 2004), ''«Ванҷи ману ганҷи ман»'' (Душанбе, 2013) ва таҳқиқоти сершумор оид ба таърихи Бадахшону Помир.<ref name="fn1462">Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо... 30 декабри соли 2025 // Asia-Plus. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Қодири Қосим (таваллуд 9 апрели 1961, ноҳияи Ванҷ) – ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон.<ref name="fn1472">Председатель Федерации независимых профсоюзов Таджикистана Кодири Косим выдвинут кандидатом в депутаты Маджлиси намояндагон (рус.) // НИАТ «Ховар», январи 2020. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Мурувватшо Бачабеков (1 майи 1944 – 9 сентябри 2023, деҳаи Баравни ҷамоати Водхуд) – устоди варзиши гӯштингирӣ, ки ӯро бунёдгузори мактаби муосири гӯштини Ванҷ медонанд; солҳои 1972-1994 устоди кафедраи тарбияи ҷисмонии Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) буд.<ref name="fn1482">Устоди паҳлавонони Ванҷ Мурувватшо Бачабеков аз дунё рафт // Бомдод, 12 сентябри 2023. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Маҳмадшариф Сулаймонов (зодаи деҳаи Рованд) – устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ дар гӯштини миллӣ, ки зиёда аз панҷоҳ сол дар майдони паҳлавонӣ фаъолият дорад.<ref name="fn1492">Суфраи паҳлавонӣ // Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Ҳукумат ==
Сарвари ноҳияи Ванҷ Раиси ноҳия аст, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мегардад.<ref name="fn3" /> Ниҳоди намояндагии ноҳия – Маҷлиси вакилони халқ мебошад, ки аз тарафи мардуми ноҳия ба муддати 5 сол интихоб мешавад. Маълумоти расмӣ дар бораи ноҳия дар сомонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (badakhshon.tj) ҷой дода шудааст.<ref name="fn3" />
Раисони ноҳия дар тӯли фаъолияти маъмурии он борҳо иваз шудаанд; барои мисол, 17 ноябри соли 2021 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷабори Қосим аз мансаби раиси ноҳияи Ванҷ озод карда шуда, ба ҷои ӯ Мардзода Одинашо Миршаб ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия таъин гардид.<ref name="fn1502">Раисони Ванҷу Роштқалъа барканор шуданд: раҳбарони нав киянд? // Sputnik Тоҷикистон, 17 ноябри 2021. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Эзоҳ ==
{{Reflist|30em}}
== Манобеъ ==
* Андреев М. С. Выработка железа в долине Ванча (верховья Аму-Дарьи). – Ташкент, 1926.
* Бубнова М. А. Горно-Бадахшанская автономная область. Западный Памир (памятники каменного века – XX в.). – Душанбе, 2008. – (Археологическая карта Таджикистана).
* Бурхан-уд-Дин-хан Кушкеки. Путеводитель по Каттагану и Бадахшану. – Ташкент, 1926.
* Гулшанӣ. Таърихи ҳумоюн. – Душанбе, 2006.
* Искандаров Б. И. Восточная Бухара и Памир во второй половине XIX в. Ч. 1-2. – Душанбе, 1962-1963.
* Камалиддинов Ш. С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX – начала XIII вв. – Ташкент, 1996.
* Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). – Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893.
* Лашкарбеков Б. Б. Старованджский язык (vanǰivor) // Основы иранского языкознания: Среднеиранские и новоиранские языки / под ред. В. А. Ефимова. – М.: Восточная литература, 2008. – С. 61-109.
* Масов Р. М. К истории Ванчской долины // Мероси ниёгон. – Душанбе, 1999. – № 4. – С. 20-30.
* Мушкетов Д. И. Рохаръ (Кала-и-Ванчъ). – Петроградъ: Типографія М. М. Стасюлевича, 1916. – (Отдѣльный оттискъ изъ тома LII (1916 г.) Извѣстій Императорскаго Русскаго Географическаго Общества № 876).
* Пирумшоев Ҳ. Ванҷ. – М., 2004.
* Пирумшоев Ҳ., Зафаров А. Ванҷи ману ганҷи ман (очерки таърихӣ). – Душанбе, 2013.
* Постников А. В. Схватка на «Крыше Мира»: политики, разведчики и географы в борьбе за Памир в XIX веке. – М.: Памятники исторической мысли, 2001. – ISBN 5-88451-100-0.
* Розенфельд А. З. Ванджские говоры таджикского языка / ЛГУ им. А. А. Жданова. – Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. – 151 с.
* Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. – М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903.
* Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. – Душанбе: СИЭМТ, 2013.
* Эдельман Д. И. Язгулямский язык. – М.: Наука, 1966.
* Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. – М.: Наука (ГРВЛ), 1975. – С. 41-62.
* Языки мира: Иранские языки. III. Восточноиранские языки. – М.: Индрик, 2000.
* Moseley Chr. (ed.) Atlas of the World's Languages in Danger. – 3rd ed. – Paris: UNESCO Publishing, 2010.
* Paul D., Abbess E., Müller K., Tiessen C., Tiessen G. Language Access and Tajik Language Proficiency among the Yazghulami of Tajikistan. – SIL International, 2010.
== Пайвандҳо ==
* [https://www.vanjiman.com/ Сомонаи vanjiman.com]
* [https://vanj.info/ Торнамои Ванҷ (vanj.info)]
* [http://badakhshon.tj/?page_id=11224 Саҳифаи ноҳияи Ванҷ дар сомонаи расмии ВМКБ]
* [[c:Category:Vanj_District|Парвандаҳо дар Викианбор (Vanj District)]]
{{тоҷикистон-ҷуғ-нопурра}}
{{Тақсимоти маъмурии ВМКБ}}
{{Ноҳияи_Ванҷ}}
[[Гурӯҳ:Ноҳияҳои Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]]
[[Гурӯҳ:Ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]]
[[Гурӯҳ:Ноҳияи Ванҷ]]
0aodndiknak4wrlo8bq93ninq884rpm
1482022
1482021
2026-07-26T00:23:55Z

Лаҳҷаҳои ванҷии забони тоҷикӣ мавзӯи таҳқиқи бунёдии эроншиноси рус А. З. Розенфелд гардидаанд, ки соли 1964 дар Ленинград монографияи махсуси ''«Ванджские говоры таджикского языка»''-ро дар ҳаҷми 151 саҳифа ба табъ расонидааст.<ref name="fn89">Розенфельд А. З. Ванджские говоры таджикского языка / ЛГУ им. А. А. Жданова. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- 151 с.</ref> Дар гуфтугӯи мардуми Ванҷ ҷӯйборҳои лозурӣ, ки деҳаҳо дар канораи онҳо бино ёфтаанд, ''«даргов»'' номида мешаванд; ба ақидаи Ҳ. Пирумшоев, ин вожа гунаи тағйирёфтаи ибораи ''«даргоҳи об»'' аст.<ref name="fn2" /> Аммо дуруст он аст, ки аслаш дарагоб/дараоб (обе ки аз дара меояд) аст, зеро дар форсии миёна "дара" "дараг" навишта ва талаффуз мешудааст. Тибқи фарзияи дигари забоншиносӣ, метавон решаи вожаи ''«дарғов»''-ро бо калимаи осетинии ''«dærg»'' (''«дароз»'') пайванд дод, яъне маънои аслии он ''«оби дароз»'' бошад.<ref name="fn164">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §50--52.</ref>

Лаҳҷаи поёни Ванҷ дар деҳаҳои соҳили рости дарёи Ванҷ (аз резишгоҳ ба боло) – Вскроғ, Бичхарвак, Рохарв (маркази ноҳия), Бовуд ва Одешт – ва дар соҳили чап – Дашти Роғ, Лангар, Гишхун ва Ғумаяк, инчунин дар деҳаҳои ҷамоати Водхуд роиҷ аст; аксарияти сокинони поёни Ванҷ ва Водхуд муҳоҷиронанд, ки бештарашон аз Дарвоз ва қисман аз болои Ванҷ ба ин ҷо кӯчидаанд.<ref name="fn1522">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §55, саҳ. 12.</ref> Дар дохили ин лаҳҷа ду зерлаҳҷа – водхудӣ ва гишхунӣ – фарқ карда мешаванд; барои зерлаҳҷаи водхудӣ лабиалишавии қавии садоноки ''«о»'', мавҷудияти зарфи ''«fru/fre»'' ба маънои ''«поён»'' ва истифодаи шакли дуюми замони ҳозира-ояндаи феъл дар шахсҳои якум ва саввуми танҳо бо флексияи ''«-a»'' (масалан, ''«gama»'', ''«ravama»'' ба ҷои шакли маъмули дарвозиву-ванҷии ''«game»'', ''«rave»'') хос аст.<ref name="fn1532">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §56, саҳ. 12.</ref>
Лаҳҷаи миёнаи Ванҷ (ваҳиёиву-ванҷӣ) аз деҳаи Бунай то деҳаҳои Доршир (дар соҳили рост) ва Гуҷовас (дар соҳили чап), то деҳаи болотарини водӣ – Поймазор – паҳн аст. Сокинони ин минтақаро ''«ваҳиёчиён»'' меноманд, зеро аксарашон муҳоҷироне мебошанд, ки аз водии Ваҳиёи Боло ба ин ҷо кӯчидаанд. Барои ин лаҳҷа мавҷудияти ҳамсадоҳои болофаринголии ''«ҳ»'' ва ''«айн»'', истифодаи пасванди ''«-ak»'' дар шахси саввуми танҳои замони гузашта (''«umadastak»'' – ''«ӯ омад»''), калимаи ''«oča»'' ба маънои ''«модар»'' (ба ҷои ''«muma»''-и роиҷ дар дигар лаҳҷаҳои ванҷӣ) ва номи ''«ruzan»'' барои равзанаи дуд хос аст; ин лаҳҷа аз рӯи аломатҳои зикршуда ба лаҳҷаи ваҳиёиву-дарвозӣ наздик мешавад.<ref name="fn1542">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §57, саҳ. 12.</ref>
Лаҳҷаи болои Ванҷ аз деҳаи Доршир то сарчашмаҳои дарёи Ванҷ – дар деҳаҳои Сетарғ, Мурғутга, Ван-Вани Боло ва Поён (соҳили рост) ва Гуҷовас, Гумаст, Рованд, Гармчашма, Сунгад (соҳили чап) – паҳн аст. Сокинони ин минтақа худро ''«ванҷиҳо»'' ё ''«ванҷиёни туптӣ»'' (яъне бумӣ) меноманд ва маҳз дар ҳамин лаҳҷа лексикаи бештар архаистӣ, аз ҷумла боқимондаҳои алоҳидаи забони куҳани ванҷӣ, то имрӯз нигоҳ дошта шудааст.<ref name="fn1552">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §58, саҳ. 12--13.</ref> Хусусияти муҳимтарини лаҳҷаи болои Ванҷ дар он аст, ки зарраи ''«ме-»'' дар аввали шакли феълӣ боқӣ мемонад ва ба охири он нагузашта; маҳз бо ҳамин аломат, ин лаҳҷа аз ҳамаи дигар гӯишҳои дарвозиву-ванҷӣ фарқ мекунад.<ref name="fn1572" />
Аз лиҳози овоӣ (фонетикӣ), гӯишҳои ванҷӣ бо паҳншавии васеи фонемаи ''«ə»'' (ки ба садонокҳои кӯтоҳи забони адабӣ рост меояд) ва мулоимшавии садоноки ''«ӯ»'' тавсиф мешаванд.<ref name="fn159">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §1--3, саҳ. 5--6.</ref> Далели дигари куҳансолии ин гӯишҳо паҳншавии васеи фонемаи ''«ж»'' аст, ки дар забони адабии тоҷикӣ танҳо дар се-чор калима боқӣ мондааст, ҳол он ки дар гӯишҳои ванҷӣ гурӯҳи назарраси калимаҳо бо ин ҳамсадо сабт шудаанд (масалан, ''«жег»'' – якрав, ''«жовидан»'' – ҷавидан).<ref name="fn160">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §15, саҳ. 6--7.</ref> Афтодани ҳамсадои ''«д»'' дар миёни калима, ки хоси гӯишҳои дарвозиву-ванҷист, ба сохти флексияи феълӣ низ таъсир расонидааст: дар замони гузашта шахси саввуми танҳо флексияи ''«-и»''-ро мегирад (масалан, ''«bbori»'' – ''«борид»''), шахси саввуми ҷамъ бошад – флексияи ''«-ин»''.<ref name="fn161">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §11.</ref>
Дар морфология, ҷамъбандии исм тавассути пасвандҳои ''«-о»'' (умумӣ), ''«-ун»'' (барои исмҳои ҷондор) ва ''«-гала»'' (барои гурӯҳи одамон) сурат мегирад.<ref name="fn1622">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §17.</ref>
Лексикаи гӯишҳои ванҷӣ, нисбат ба гӯишҳои дарвозӣ низ, дараҷаи баландтари архаизмро нишон медиҳад: дар он калимаҳое нигоҳ дошта шудаанд, ки дар забонҳои адабии тоҷикӣ ва форсӣ дигар истифода намешаванд, вале дар фарҳангҳои қадимӣ сабт гардидаанд (масалан, ''«кӯп»'' ба маънои ''«санг»'', ''«харсанг»'').<ref name="fn163">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §48.</ref> Илова бар қабати калони калимаҳои помирӣ, дар гӯишҳои ванҷӣ гурӯҳи калимаҳое низ ба назар мерасанд, ки бо забони яғнобӣ ва ҳатто бо забони бостонии осетинӣ (аз шохаи шимолии забонҳои эронӣ) муштараканд.<ref name="fn164" /> Дар ''«Феҳристи калимаҳои куҳани ванҷӣ»'', ки ҳамчун замима ба монография пайваст шудааст, Розенфелд бар пояи таҳлили лексикӣ ва фонетикӣ ба хулосае мерасад, ки забони куҳани ванҷӣ ба гурӯҳи шуғнонию рӯшонии забонҳои помирӣ тааллуқ доштааст.<ref name="fn165">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- Замимаи «Феҳристи калимаҳои куҳани ванҷӣ».</ref>

6fyycilbcbsx9ov2wzsaiqnmwlbeiht
1482023
1482022
2026-07-26T00:25:59Z

Тибқи таснифи Розенфелд, гӯишҳои ванҷӣ ҷузъи таркибии гӯишҳои дарвозӣ буда, якҷоя бо онҳо ба гурӯҳи васеътари гӯишҳои ҷанубу шарқии забони тоҷикӣ дохил мешаванд.<ref name="fn1562">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §59.</ref> Хусусияти муҳимтарини гӯишҳои дарвозиву-ванҷӣ – ҷобаҷогузории зарраи ''«ме-»''-и замони ҳозира-оянда аз аввали феъл ба охири он (миёни асос ва флексия) мебошад, ки дар ҳамаи гӯишҳои ин гурӯҳ, ба ғайр аз гӯиши болои Ванҷ, мушоҳида мешавад.<ref name="fn1572">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §60, §61.</ref> Аз миёни гӯишҳои дарвозӣ, ба гӯиши ванҷӣ аз ҳама наздиктар гӯиши ягидӣ (алалхусус ба зерлаҳҷаи водхудии поёни Ванҷ) ва гӯиши миёнаи дарвозиву-ваҳиёӣ (ба лаҳҷаи миёнаи Ванҷ) мебошанд.<ref name="fn158">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §62.</ref>
=== Лаҳҷаҳои дохилии гӯиши ванҷӣ ===
Розенфелд дар дохили гӯиши ванҷӣ се лаҳҷаи асосиро фарқ мекунад: лаҳҷаи поёни Ванҷ, лаҳҷаи миёнаи Ванҷ (ки онро боз лаҳҷаи ваҳиёиву-ванҷӣ низ меноманд) ва лаҳҷаи болои Ванҷ.<ref name="fn1512">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §54.</ref>
Лаҳҷаи поёни Ванҷ дар деҳаҳои соҳили рости дарёи Ванҷ (аз резишгоҳ ба боло) – Вскроғ, Бичхарвак, Рохарв (маркази ноҳия), Бовуд ва Одешт – ва дар соҳили чап – Дашти Роғ, Лангар, Гишхун ва Ғумаяк, инчунин дар деҳаҳои ҷамоати Водхуд роиҷ аст; аксарияти сокинони поёни Ванҷ ва Водхуд муҳоҷиронанд, ки бештарашон аз Дарвоз ва қисман аз болои Ванҷ ба ин ҷо кӯчидаанд.<ref name="fn1522">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §55, саҳ. 12.</ref> Дар дохили ин лаҳҷа ду зерлаҳҷа – водхудӣ ва гишхунӣ – фарқ карда мешаванд; барои зерлаҳҷаи водхудӣ лабиалишавии қавии садоноки ''«о»'', мавҷудияти зарфи ''«fru/fre»'' ба маънои ''«поён»'' ва истифодаи шакли дуюми замони ҳозира-ояндаи феъл дар шахсҳои якум ва саввуми танҳо бо флексияи ''«-a»'' (масалан, ''«gama»'', ''«ravama»'' ба ҷои шакли маъмули дарвозиву-ванҷии ''«game»'', ''«rave»'') хос аст.<ref name="fn1532">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §56, саҳ. 12.</ref>
Лаҳҷаи миёнаи Ванҷ (ваҳиёиву-ванҷӣ) аз деҳаи Бунай то деҳаҳои Доршир (дар соҳили рост) ва Гуҷовас (дар соҳили чап), то деҳаи болотарини водӣ – Поймазор – паҳн аст. Сокинони ин минтақаро ''«ваҳиёчиён»'' меноманд, зеро аксарашон муҳоҷироне мебошанд, ки аз водии Ваҳиёи Боло ба ин ҷо кӯчидаанд. Барои ин лаҳҷа мавҷудияти ҳамсадоҳои болофаринголии ''«ҳ»'' ва ''«айн»'', истифодаи пасванди ''«-ak»'' дар шахси саввуми танҳои замони гузашта (''«umadastak»'' – ''«ӯ омад»''), калимаи ''«oča»'' ба маънои ''«модар»'' (ба ҷои ''«muma»''-и роиҷ дар дигар лаҳҷаҳои ванҷӣ) ва номи ''«ruzan»'' барои равзанаи дуд хос аст; ин лаҳҷа аз рӯи аломатҳои зикршуда ба лаҳҷаи ваҳиёиву-дарвозӣ наздик мешавад.<ref name="fn1542">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §57, саҳ. 12.</ref>
Лаҳҷаи болои Ванҷ аз деҳаи Доршир то сарчашмаҳои дарёи Ванҷ – дар деҳаҳои Сетарғ, Мурғутга, Ван-Вани Боло ва Поён (соҳили рост) ва Гуҷовас, Гумаст, Рованд, Гармчашма, Сунгад (соҳили чап) – паҳн аст. Сокинони ин минтақа худро ''«ванҷиҳо»'' ё ''«ванҷиёни туптӣ»'' (яъне бумӣ) меноманд ва маҳз дар ҳамин лаҳҷа лексикаи бештар архаистӣ, аз ҷумла боқимондаҳои алоҳидаи забони куҳани ванҷӣ, то имрӯз нигоҳ дошта шудааст.<ref name="fn1552">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §58, саҳ. 12--13.</ref> Хусусияти муҳимтарини лаҳҷаи болои Ванҷ дар он аст, ки зарраи ''«ме-»'' дар аввали шакли феълӣ боқӣ мемонад ва ба охири он нагузашта; маҳз бо ҳамин аломат, ин лаҳҷа аз ҳамаи дигар гӯишҳои дарвозиву-ванҷӣ фарқ мекунад.<ref name="fn1572" />
Аз лиҳози овоӣ (фонетикӣ), гӯишҳои ванҷӣ бо паҳншавии васеи фонемаи ''«ə»'' (ки ба садонокҳои кӯтоҳи забони адабӣ рост меояд) ва мулоимшавии садоноки ''«ӯ»'' тавсиф мешаванд.<ref name="fn159">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §1--3, саҳ. 5--6.</ref> Далели дигари куҳансолии ин гӯишҳо паҳншавии васеи фонемаи ''«ж»'' аст, ки дар забони адабии тоҷикӣ танҳо дар се-чор калима боқӣ мондааст, ҳол он ки дар гӯишҳои ванҷӣ гурӯҳи назарраси калимаҳо бо ин ҳамсадо сабт шудаанд (масалан, ''«жег»'' – якрав, ''«жовидан»'' – ҷавидан).<ref name="fn160">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §15, саҳ. 6--7.</ref> Афтодани ҳамсадои ''«д»'' дар миёни калима, ки хоси гӯишҳои дарвозиву-ванҷист, ба сохти флексияи феълӣ низ таъсир расонидааст: дар замони гузашта шахси саввуми танҳо флексияи ''«-и»''-ро мегирад (масалан, ''«bbori»'' – ''«борид»''), шахси саввуми ҷамъ бошад – флексияи ''«-ин»''.<ref name="fn161">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §11.</ref>
Дар морфология, ҷамъбандии исм тавассути пасвандҳои ''«-о»'' (умумӣ), ''«-ун»'' (барои исмҳои ҷондор) ва ''«-гала»'' (барои гурӯҳи одамон) сурат мегирад.<ref name="fn1622">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §17.</ref>
Лексикаи гӯишҳои ванҷӣ, нисбат ба гӯишҳои дарвозӣ низ, дараҷаи баландтари архаизмро нишон медиҳад: дар он калимаҳое нигоҳ дошта шудаанд, ки дар забонҳои адабии тоҷикӣ ва форсӣ дигар истифода намешаванд, вале дар фарҳангҳои қадимӣ сабт гардидаанд (масалан, ''«кӯп»'' ба маънои ''«санг»'', ''«харсанг»'').<ref name="fn163">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §48.</ref> Илова бар қабати калони калимаҳои помирӣ, дар гӯишҳои ванҷӣ гурӯҳи калимаҳое низ ба назар мерасанд, ки бо забони яғнобӣ ва ҳатто бо забони бостонии осетинӣ (аз шохаи шимолии забонҳои эронӣ) муштараканд.<ref name="fn164" /> Дар ''«Феҳристи калимаҳои куҳани ванҷӣ»'', ки ҳамчун замима ба монография пайваст шудааст, Розенфелд бар пояи таҳлили лексикӣ ва фонетикӣ ба хулосае мерасад, ки забони куҳани ванҷӣ ба гурӯҳи шуғнонию рӯшонии забонҳои помирӣ тааллуқ доштааст.<ref name="fn165">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- Замимаи «Феҳристи калимаҳои куҳани ванҷӣ».</ref>

n5pqhxf8r1lu49p009imu4zo691a87p
1482024
1482023
2026-07-26T00:52:50Z

''«Қасабаи Ванҷ ба тарафи шарқии Дарвоз, ба таҳти ақабаи Боми Дунё воқеъ аст ва дар он ҷониб манбаи дарёи Омӯя ва Ҷайҳун ва онро Чашмаи Панҷ мегӯянд, аз қуллаи шомихи кӯҳи Боми Дунё набаъон менамоянд. Аз андак масофат, панҷ чашма ба як ҷо ҷамъ мешавад ва ғарбан ҷараён менамояд ва онро чашмаи Панҷ мегӯянд ва он қасабаро Ванҷ меноманд, ки он муҳаррафи Панҷ аст. Оби аввали наҳри Ҷайҳун ҳамин аст»''.<ref name="fn610">Гулшанӣ. Таърихи ҳумоюн. --- Душанбе, 2006. --- С. 157.</ref>
Тадқиқоти забоншиносии баъдина ин ривояти халқиро тасдиқ намекунад. Эроншиноси маъруф Д. И. Эделман дар пажӯҳиши бунёдии худ ''«Географические названия Памира»'' (''«Номҳои ҷуғрофии Помир»''), ки соли 1975 дар маҷмуаи ''«Страны и народы Востока»'' ба чоп расидааст, решаи вожаи ''«Ванҷ»''-ро мушаххасан шарҳ намедиҳад, балки онро номи аслии худи водӣ мешуморад, ки номи дарёи Ванҷов (Ванҷ + ''«об»'') низ аз он гирифта шудааст.<ref name="fn710">Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. --- М.: Наука (ГРВЛ), 1975. --- С. 41--62.</ref> Тибқи мушоҳидаи ӯ, ҳамсоягони язғуломизабони ин водӣ онро на ''«Ванҷ»'', балки ''«Вавз»'' меноманд, ки ин худ далели дигаре бар куҳансолии эҳтимолии ин ном аст.<ref name="fn710" /> Забони куҳани ванҷии аз байнрафта, ки сокинони маҳаллӣ то охири асри XIX бад-он сухан мегуфтанд, ''«ванҷивор»'' (vanǰivor)-аш меномиданд,<ref name="fn810">Лашкарбеков Б. Б. Старованджский язык (vanǰivor) // Основы иранского языкознания: Среднеиранские и новоиранские языки / под ред. В. А. Ефимова. --- М.: Восточная литература, 2008. --- С. 61--109.</ref> вале дар адабиёти дастрас пажӯҳише, ки решаи номи ''«Ванҷ»''-ро аз вожаҳои ҳамин забон ба даст оварда бошад, ёфт нашуд. Дар маҷмуъ, Эделман хулоса мебарорад, ки аксари номҳои ҷуғрофии Помири Ғарбию Ҷанубӣ бо ёрии забонҳои имрӯза шарҳнопазиранд, ки ин аз бостонӣ будани онҳо гувоҳӣ дода, эҳтимоли тааллуқи баъзеи онҳоро ба забонҳои куҳани пешин (субстратӣ) нишон медиҳад.<ref name="fn710" />
Худи Д. И. Эделман дар ҳамин мақола сабаби ин дугонагии номро возеҳтар шарҳ дода, чунин овардааст:
''«Иногда различные названия одного и того же пункта отражают различные исторические обстоятельства. Так, населенный пункт — административный центр Ванча имеет два названия. Первое — официальное, значащееся на картах — «Ванч» является редакцией старого названия находившейся здесь когда-то крепости, которая именовалась просто Кала (qala) 'крепость' или Кала-и Вандж 'Ванджская крепость'. Второе — название самого кишлака, которое до сих пор остается в обиходе у местного населения и жителей соседних долин — «Рохарв».»''
Тарҷума: ''«Баъзан номҳои мухталифи як маҳал вазъиятҳои гуногуни таърихиро инъикос менамоянд. Чунончи, маҳалли аҳолинишин — маркази маъмурии Ванҷ — ду ном дорад. Аввалин — номи расмӣ, ки дар харитаҳо зикр мешавад, — «Ванҷ» аст, ки таҳрирёфтаи номи қадимии қалъаест мебошад, ки замоне дар ин ҷо буд ва онро танҳо Қалъа (qala) ё Қалъаи Ванҷ меномиданд. Дуюмин — номи худи русто аст, ки то ҳанӯз дар гуфтугӯи мардуми маҳаллӣ ва сокинони водиҳои ҳамҷавор боқӣ мондааст — «Рохарв».»''.<ref name="fn910">Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 42.</ref>
Бино бар ин, то имрӯз дар илми забоншиносии эронӣ решашиносии қатъӣ ва ба таври васеъ пазируфташудаи вожаи ''«Ванҷ»'' пешниҳод нашудааст: ривояти Гулшанӣ дар боло намунаи анъанаи омиёна ва таърихии маҳаллист, на натиҷаи таҳлили илмии забонӣ. Коршиносон, ин номро қадимӣ мешуморанд ва эҳтимол медиҳанд, ки он ба давраи пеш аз паҳншавии забони тоҷикӣ дар ин минтақа тааллуқ дошта бошад, бидуни он ки то ба ҳол решаи дақиқи онро муайян созанд.
Донишманд, шоир ва луғатшиноси тоҷик Абдусамад Ҳайдаров дар ''«Фарҳанги тафсирии мухтасари луғоти шеваи ҷанубу шарқии забони тоҷикӣ»'' (2019) дар бораи вожаи ''«ванҷ»'' маълумоти муфассали фарҳангшиносиро ҷамъбаст намудааст<ref name="fn166">Ҳайдаров А. Фарҳанги тафсирии мухтасари луғоти шеваи ҷанубу шарқии забони тоҷикӣ. --- Душанбе: ЭР-Граф, 2019. --- С. 14--17.</ref>. Тибқи ин пажӯҳиш, дар фарҳангномаҳои классикии форсиву тоҷикӣ вожаи ''«ван»''/''«ванҷ»'' дар маъноҳои гуногун сабт шудааст: номи деҳае дар Насаф (муарраби ''«вана»'', тибқи ''«Фарҳанги Анандроҷ»''); шабеҳу монанд, меваи мағздор, ҷангали пурдарахт ва номи шаҳре (тибқи ''«Бурҳони қотеъ»''); аз забони ҳиндӣ (санскрит) ба маънои ''«ҷангал»'', ''«беша»'' (тибқи ''«Фарҳанги Нафисӣ»''); меваи ба зира монанд бо мағзак ва ташбеҳ (тибқи ''«Ғиёс-ул-луғот»''); ва ниҳоят – ''«гунҷишк»'' (тибқи ''«Туҳфат-ул-аҳбоб»'' ва ''«Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ»''). Гурӯҳи дигари муҳаққиқон, аз ҷумла И. М. Стеблин-Каменский, А. З. Розенфелд, В. Томашек ва А. Д. Девонақулов, вожаи ''«ванҷ»''-ро баргирифта аз ''«ван»'' ба маънои ''«бед»'' медонанд.<ref name="fn166" />
Ҳайдаров бо усули муқоисаи фарҳангномавӣ нишон медиҳад, ки маънои ''«гунҷишк»'' эҳтимолан натиҷаи хатои котибист: дар қадимтарин фарҳанги дастрас – ''«Луғати фурс»''-и Асадии Тӯсӣ (саҳ. 73) – барои ''«гунҷишк»'' на ''«ванҷ»'', балки ''«вунҷ»'' омадааст, ва азбаски дар хатти арабӣ навишти ин ду вожа якхела аст, ба андешаи муаллиф, дар фарҳангномаҳои баъдӣ ба ҷои ''«вунҷ»'' ба хато ''«ванҷ»'' сабт гардидааст. Ин фарзияро ӯ бо далели дигар низ тақвият медиҳад: дар забони гуфтугӯии тоҷикӣ шаклҳои гуногуни калимаи ''«гунҷишк»'' – ''«вунҷишк»'', ''«бунҷишк»'', ''«гундишк»'' – ҳама пас аз ҳарфи аввал садоноки кӯтоҳи ''«у»''-ро мегиранд, на ''«а»''-ро. Аз ин муҳимтар, дар забони куҳани ванҷӣ худи вожаи ''«гунҷишк»'' тамоман калимаи дигаре буд – ''«крҷик»'' – монанди забони ҳамсояи имрӯзаи язғуломӣ (''«чуғак»'') ва шуғнонӣ (''«вудуч»''); агар водӣ ба номи ин парранда гузошта мешуд, мебоист ''«Крҷик»'' номида мешуд, на ''«Ванҷ»''.<ref name="fn166" /> Ба ин тартиб, ба андешаи аксари муҳаққиқон, решаи бовариноктарини номи ''«Ванҷ»'' ҳамон вожаи ''«ван»'' ба маънои ''«бед»'' аст, ки дар забонҳои зиндаи имрӯзаи помирӣ низ боқӣ мондааст: шуғнонӣ ''«wank»'', бартангӣ ''«wanoch»'', рӯшонӣ ''«wanoj»'', орошорӣ ''«wanuj»''.<ref name="fn166" />
Дар баробари ин, дар байни мардуми маҳаллӣ фарзияи дигаре низ роиҷ аст, ки тибқи он вожаи ''«ванҷ»'' муродифи калимаи ''«ганҷ»'' мебошад. Ҳайдаров ин фарзияро ба падидаи табдили овозҳои ''«в»''→''«г»''→''«к»'' дар лаҳҷаи маҳаллӣ пайванд медиҳад, ки намунаҳои он дар ҷуфти калимаҳои боқимондаи забони куҳани ванҷӣ, ки то имрӯз дар нутқи шифоҳии мардум ҳамроҳи муодилҳои тоҷикиашон истифода мешаванд (масалан, ''«сару мангал»'', ''«санди нозо»'', ''«кари шмк»'', ''«гарми тмхч»''), ба назар мерасад.<ref name="fn166" /> Вожаи ''«ганҷ»'' то имрӯз дар нутқи мардуми Ванҷ серистеъмол буда, ҳатто баъзе хӯрокворӣ (мисли ширравған), меваҳо (мисли тут) ва анбори неъмат (''«ганҷур»'') бо ҳамин ном ёд мешаванд; ибораи қадимии ''«Ванҷи ману ганҷи ман»'', ки зиёда аз ҳазор сол вирди забони мардум аст, низ, ба назари муаллиф, метавонад далели воқеии ин пайванди маъноӣ бошад.<ref name="fn166" />
Номи Ванҷ соли 2023 ба бузургтарин лозури Помир низ гузошта шуд: 31 июли соли 2023 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лозури Федченко расман Ванҷях номгузорӣ гардид.<ref name="fn1010">Ледник Ванджях -- один из самых больших ледников Таджикистана и горных систем мира (рус.) // НИАТ «Ховар», 9 июни 2024. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn1110">СМИ: крупнейший на Памире ледник Федченко переименован в «Ванджях» (рус.) // Радиои Озодӣ, 20 августи 2023. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Ҷойгоҳ ==
Ноҳияи Ванҷ бо сарзамини 4430,5 км² дар миёни қаторкӯҳҳои Дарвоз ва Язғулом воқеъ аст. Дар шимол бо ноҳияи Сангвор (Тавилдараи пешин), дар шарқ бо ноҳияи Мурғоб, дар ҷануб бо ноҳияи Рӯшон, дар ғарб бо ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ва дар ҷанубу ғарб, аз тариқи рӯди Панҷ, бо ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшони Афғонистон ҳаммарз мебошад.<ref name="fn1" /> Марзи шарқии ноҳияро қаторкӯҳи Академияи илмҳо ташкил медиҳад.<ref name="fn12">Republic of Tajikistan, map showing administrative division as of January 1, 2004, «Tojikkoinot» Cartographic Press, Dushanbe.</ref>
Аз шимолу шарқи ноҳия ба ҷанубу ғарби он рӯдҳои Ванҷ) ва Язғулом ҷорӣ мешаванд, ки ба рӯди Панҷ мерезанд. Сарзамини ноҳия ду водии нисбатан васеи Бадахшонро дар бар мегирад. Яке аз онҳо дараи рӯди Ванҷ аст, ки беш аз 150 км дарозо дорад ва аз лозурҳои Ҷамъияти ҷуғрофӣ, Хирсон ва Абдуқаҳҳор оғоз мегирад. Водии дигар дараи рӯди Язғулом аст, ки дар миёни қаторкӯҳҳои Язғулому Рӯшон ҷой гирифтааст. Ин ду водиро аз ҳамдигар қаторкӯҳи Ванҷ ҷудо мекунад.<ref name="fn12" /> Баландии маҳал аз сатҳи дарё аз 1500 то 5000 метр мебошад.
Дар бораи сабаби номгузории қаторкӯҳҳои атрофи Ванҷ, Д. И. Эделман чунин таваҷҷуҳ медиҳад:
''«Названия хребтов в исконной топонимии не прослеживаются. Те наименования, которые мы видим сейчас на географических картах,— позднейшие. Они даны исследователями в основном по принципу смежности с той или иной долиной. Ванчский хребет отделяет Ванч от Язгулема, Язгулемский хребет — Язгулем от Рушана-Бартанга, Рушанский — долину Рушана от Гунта…»''
Тарҷума: ''«Номҳои қаторкӯҳҳо дар ҷойномҳоии аслӣ дида намешаванд. Номҳое, ки мо имрӯз дар харитаҳои ҷуғрофӣ мебинем, аз давраҳои баъдтаранд. Онҳоро муҳаққиқон асосан бар мабнои усули ҳамҷаворӣ бо ин ё он водӣ гузоштаанд. Қаторкӯҳи Ванҷ, Ванҷро аз Язғулом ҷудо мекунад, қаторкӯҳи Язғулом — Язғуломро аз Рӯшону Бартанг, қаторкӯҳи Рӯшон — водии Рӯшонро аз Ғунд…»''.<ref name="fn13">Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 47.</ref>
Дарёи Ванҷ (Ванҷоб) 103 км дарозӣ ва 2070 км² ҳавзаи обғундорӣ дорад. Он аз ҳамроҳшавии ду шохоб падид меояд: яке аз лозурҳои нишебии шимолии қаторкӯҳи Ванҷ сарчашма мегирад, дигаре бошад – аз нишебиҳои ғарбии қаторкӯҳи Академияи илмҳо. То резишгоҳи шохоби Кашолаях худи дарё номи Абдуқаҳҳорро дорад; танҳо пас аз ҳамроҳ шудан бо ин шохоб он ба номи Ванҷоб мубаддал мегардад. Сарфи миёнаи солонаи об дар резишгоҳи дарё 49,4 м³/с аст.<ref name="fn14">Ванч (рус.) // Большая советская энциклопедия. --- 3-е изд. --- М.: Советская энциклопедия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дарёи Язғулом 80 км тӯл кашида, масоҳати ҳавзаи он 1970 км²-ро ташкил медиҳад; қисми болоии он то ҳамроҳшавии дарёи Ракзов Мазордара номида мешавад, сарфи миёнаи об дар поёноби дарё 36,2 м³/с буда, ғизои дарёҳои ноҳия асосан барфию лозурист ва сермобтарин моҳ июл аст.<ref name="fn1" />
Тавсифи муфассали гидрографии дарёи Ванҷро низ капитан Кузнецов ҳанӯз соли 1892 сабт кардааст. Ба гуфтаи ӯ, дарё аз ду шохоб — оби-Кашолаях (аз рост) ва оби-Абдуқаҳҳор (аз чап) — сарчашма мегирад, ки худ аз лозурҳои Куҳи-Лазурӣ об мегиранд, ва номи муосири шохоби ''«Абдуқаҳҳор»'', ки ҳанӯз дар гуфтаи боло зикр омада буд, маҳз бо ҳамин навиштаи асри XIX мутобиқат мекунад:
''«Рѣка оби-Ванчъ, берущая начало двумя рѣками: правой оби-Кашалъ-Аякъ и лѣвой оби-Абдукогоръ изъ ледниковъ Куи-Лазырь, течетъ въ юго-западномъ направленіи въ большинствѣ случаевъ разливаясь на много рукавовъ и образуя массу острововъ–тугаевъ.»''
Тарҷума: ''«Дарёи оби-Ванҷ, ки аз ду рӯд — рости оби-Кашолаях ва чапи оби-Абдуқаҳҳор — аз лозурҳои Куҳи-Лозурӣ сарчашма мегирад, дар самти ҷанубу ғарбӣ ҷараён дошта, дар аксари ҳолат ба бисёр шохобчаҳо тақсим мешавад ва анбӯҳи ҷазираҳо — тӯғайҳоро ба вуҷуд меорад»''.<ref name="fn15">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 32.</ref> Кузнецов инчунин баландии рустоҳои соҳили дарёи Ванҷро аз сатҳи баҳр чен кардааст: аз резишгоҳи он ба Панҷ (5110 қадам) то рустоҳои Рохарв (6250 қадам), Бунай (6590 қадам), Техарв (7260 қадам), Старғ (7670 қадам) ва Ванван (8020 қадам); ва дар бораи қаторкӯҳи байни Ванҷу Язғулом, ки имрӯз бо номи қаторкӯҳи Ванҷ маъруф аст, чунин навиштааст:
''«Горный хребетъ, расположенный между рѣками Ванчъ и Язгулемъ, носитъ названіе Ванчскаго. Восточная его часть покрыта вѣчными снѣгами и ледниками, западная – скалистая. Растительности на немъ нѣтъ никакой.»''
Тарҷума: ''«Қаторкӯҳе, ки миёни дарёҳои Ванҷу Язғулом воқеъ аст, номи Ванҷро дорад. Қисми шарқии он бо барфу лозурҳои ҷовидона пӯшида аст, қисми ғарбӣ бошад — сахраист; дар он ҳеҷ гуна рустание вуҷуд надорад»''.<ref name="fn13" />
Ванҷ дар соҳили яке аз шохобҳои бузурги рости дарёи Панҷ (болооби Ому), ки бо номи Ванҷоб маъруф аст, ҷой гирифтааст. Масофа аз маркази ноҳия то шаҳри Хоруғ 176 км ва то шаҳри Душанбе 387 км аст.
Тавсифи аввалини илмии ҷуғрофии қаторкӯҳҳои иҳотакунандаи водии Ванҷ ба шарқшиноси рус А. А. Семёнов тааллуқ дорад, ки соли 1898 дар доираи экспедитсияи расмии граф А. А. Бобринский аз ин минтақа дидан карда буд. Ӯ дар китоби худ навиштааст:
''«Часть Дарваза по правую сторону Пянджа (Сѣверный Дарвазъ) занимаетъ западный склонъ Памирскаго плоскогорья: этотъ край изрѣзываютъ глубокими долинами рѣкъ: Пянджа и его притоковъ справа: Оби-Хингоу, Ванджа и Язгулина. Водораздѣломъ этихъ рѣкъ служатъ два высокихъ хребта: Дарвазскій, между рр. Оби-Хингоу и Ванджемъ, и Ванджскій,–между долинами Ванджа и Язгулина... Въ верховьяхъ Ванджа всѣ упомянутыя горныя цѣпи сходятся въ одинъ узелъ и сливаются съ Памирами.»''
Тарҷума: ''«Қисми Дарвоз, ки дар канори рости Панҷ ҷойгир аст (Дарвози Шимолӣ), нишеби ғарбии баландсаҳрои Помирро фаро мегирад: ин канораро водиҳои амиқи дарёҳо буридаанд – Панҷ ва шохобҳои рости он: Оби-Хингов, Ванҷ ва Язғулом. Марзи обҷудокунии ин дарёҳоро ду қаторкӯҳи баланд ташкил медиҳанд: Дарвоз – миёни рӯдҳои Оби-Хингову Ванҷ, ва Ванҷ – миёни водиҳои Ванҷу Язғулом... Дар болооби Ванҷ ҳамаи ин қаторкӯҳҳои зикршуда ба як гиреҳ мепайванданд ва бо Помир мепайванданд»''.<ref name="fn16">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 6.</ref>
Дар ҳамин гиреҳи кӯҳӣ, ки қаторкӯҳҳои Ванҷу Дарвоз бо Помир мепайванданд, Семёнов ағбаи баландеро ба қайд гирифтааст, ки ба болооби Ванҷ мебарад: ''«Въ этомъ горномъ узлѣ лежить на высотѣ свыше 15 тыс. футовъ надъ уровнемъ моря перевалъ Сытаргй въ долину р. Вандж, или Ванча»'' – тарҷума: ''«Дар ҳамин гиреҳи кӯҳӣ, дар баландии зиёда аз 15 ҳазор фут аз сатҳи баҳр, ағбаи Сытаргӣ ба водии дарёи Вандж (Ванҷ) ҷойгир аст»''.<ref name="fn17">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 7.</ref>
=== Лозурҳо ва қуллаҳо ===
Болооби дараи Ванҷ, ки дар он ҷо рӯд номи Абдуқаҳҳорро дорад, аз калонтарин марказҳои лозурии Помир ба шумор меравад. Бузургтарин лозури ҳавзаи рӯди Ванҷ лозури Ҷамъияти ҷуғрофӣ мебошад, ки дар маҳалли пайвастшавии қаторкӯҳҳои Академияи илмҳо ва Дарвоз ҷой гирифта, дарозиаш 24,2 км ва масоҳаташ 64,4 км² аст. Ин лозур соли 1882 кашф гардида, соли 1928 ба шарафи Ҷамъияти ҷуғрофии Русия номгузорӣ шудааст.<ref name="fn18">Ледник Географического общества на Памире тает (рус.) // Сомонаи расмии Ҷамъияти ҷуғрофии Русия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар ҳавзаи Абдуқаҳҳор, дар нишебии ғарбии қаторкӯҳи Академияи илмҳо, лозури Хирсон (русӣ – Медвежий) воқеъ аст, ки бо ҳаракатҳои даврии ногаҳонии худ (сёрҷ) дар ҷаҳон шуҳрат дорад. Дарозии лозури Хирсон 15,8 км ва масоҳаташ 25,3 км² аст; ҳавзаи барфии он дар баландии беш аз 5500 м бо ҳавзаи лозури Ванҷях (Федченко) муштарак буда, забонаи борику дарози он бо яхшораи (ледопад) 900-метра аз ҳавзаи ғизогирии фирнӣ ба дараи чуқур, то баландии 2900 м, фуруд меояд.<ref name="fn19">Медвежий ледник // Словарь современных географических названий / Рус. геогр. о-во. Моск. центр; под общ. ред. акад. В. М. Котлякова. --- Екатеринбург: У-Фактория, 2006.</ref> Забонаи ин лозур дар зарфи чанд моҳ то 2 км ба поёни дара пеш рафта, маҷрои дарёи Абдуқаҳҳорро мебандад ва кӯли лозурӣ ба вуҷуд меоварад, ки шикофта шудани он ба обхезиҳои харобиовар дар водии Ванҷ оварда мерасонад. Чунин ҳаракатҳо дар солҳои 1916, 1937, 1951, 1963, 1973, 1989, 2001 ва 2011 ба қайд гирифта шудаанд.<ref name="fn20">Ледник Медвежий в хребте Академии Наук (рус.) // Silk Road Adventures. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ҳангоми ҳаракати соли 1963 лозур қариб 1,75 км пеш рафта, дараи Абдуқаҳҳорро баст ва дар он сол ду маротиба (19 июн ва 3 июл) обхезиҳои лозурӣ рӯй доданд. Соли 1973 садди яхине бо паҳноии тақрибан ним километр ва баландии саду панҷоҳ метр дараро банд карда, дар паси он кӯле бо чуқурии то 110 метр пайдо шуд; 19 июни соли 1973, вақте ки дар кӯл 27 млн м³ об ҷамъ омада буд, рахнашавии он ба амал омад.<ref name="fn21">Виноградов Ю. Б. Сведения о прорывах озёр, подпруженных ледниками (рус.). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар қисмати шарқии қаторкӯҳи Язғулом, дар марзи ҷанубу шарқии ноҳия, қуллаи Истиқлол (то соли 2006 – қуллаи Революция; 6940 м) – чорумин қуллаи баланди Тоҷикистон қомат афрохтааст. Дар домани шимолии он лозури бузурги Федченко – дарозтарин лозури кӯҳии ҷаҳон берун аз минтақаҳои қутбӣ (77 км) оғоз меёбад.<ref name="fn22">Пик Революции (рус.) // Wiki.risk.ru. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Ин лозур, ки соли 1878 онро Василий Ошанин кашф карда, ба шарафи табиатшинос Алексей Федченко номгузорӣ намуда буд, аз 31 июли соли 2023 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расман Ванҷях ном дорад.<ref name="fn10">Ледник Ванджях -- один из самых больших ледников Таджикистана и горных систем мира (рус.) // НИАТ «Ховар», 9 июни 2024. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn11">СМИ: крупнейший на Памире ледник Федченко переименован в «Ванджях» (рус.) // Радиои Озодӣ, 20 августи 2023. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Паҳноии миёнаи лозур 2 км ва ҳадди аксараш 5 км буда, ғафсии ях то 1 км ва ҳаҷми он ҳамроҳ бо шохобҳояш 144 км³ мерасад; лозур аз баландии 6200 м оғоз ёфта, забонааш то баландии 2909 м фуруд меояд ва дар силсилаи он 100 лозури хурду бузург, аз ҷумла 26 шохоби бевосита, ба ҳам пайвастаанд. Дар канори чапи лозур, дар баландии 4169 м, 7 августи соли 1933 истгоҳи гидрометеорологӣ кушода шуда буд, ки то соли 1995 бефосила кор кард ва соли 2004 дар доираи лоиҳаи байналмилалӣ дар он ҷо истгоҳи худкор насб гардид. Бар асари гармшавии иқлим лозур танҳо дар садаи XX дар танаи асосии худ тақрибан 15 км³ ях – даҳяки массаи худро – аз даст додааст.<ref name="fn10" />
Тибқи баррасиҳои лозуршиносии охирин, масоҳати умумии лозури Ванҷях (Федченко) тақрибан 700 км² арзёбӣ мешавад ва ҳаҷми умумии яхи он, бар пояи ченкунии ғафсии қабати ях, 123,4 ± 28 км³ ҳисоб карда шудааст.<ref name="fn23">The evolution of Fedchenko glacier in the Pamir, Tajikistan, during the past eight decades (англ.) // Journal of Glaciology. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар тӯли 93 соли мушоҳидаи илмӣ (1928-2021), суръати миёнаи тағйири баландии сатҳи лозур ба −0,46 метр дар сол расидааст, ҳарчанд дар ду фосилаи алоҳида – солҳои 1958-1980 ва 2010-2021 – коҳиши баландии забонаи лозур ду баробар аз меъёри дарозмуддат тезтар будааст.<ref name="fn24">Multi-temporal elevation changes of Fedchenko Glacier, Tajikistan, from 1928 to 2021 (англ.) // EarthArXiv / Journal of Glaciology, 2024. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ченкуниҳои GNSS ва тасвирбардории радарии TanDEM-X нишон медиҳанд, ки мувозинати ҷирмии лозур аз −0,27 ± 0,05 метри муодили обӣ дар сол барои давраи 2000-2011 то −0,51 ± 0,04 метр дар сол барои давраи 2011-2016 бадтар шудааст, яъне суръати обшавии лозур дар даҳсолаи охир тақрибан ду баробар афзудааст.<ref name="fn25">Lambrecht A., Mayer C., Wendt A., Floricioiu D., Völksen C. Elevation change of Fedchenko Glacier, Pamir Mountains, from GNSS field measurements and TanDEM-X elevation models, with a focus on the upper glacier // Journal of Glaciology.</ref> Бо вуҷуди ин, азбаски забонаи лозур бо қабати ғафси хоку сангреза пӯшида аст, масоҳати намоёни он тайи даҳсолаҳо танҳо 1,4 фоиз тағйир ёфта, дар ҳоле ки ҳаҷми аслии яхи он коҳиши назаррас – тақрибан 5 км³ дар тӯли ҳашт даҳсола – доштааст.<ref name="fn23" /> Тибқи маълумоти барномаи UNEP GRID-Arendal, забонаи лозур аз соли 1933 инҷониб зиёда аз 1 километр ба ақиб нишастааст ва аз соли 1980 инҷониб тақрибан 50 метр паст шудааст.<ref name="fn26">Shrinking of Fedchenko Glacier in the Pamirs of Tajikistan (англ.) // UNEP GRID-Arendal. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Пажӯҳиши соли 2026 дар маҷаллаи ''«Remote Sensing»'' доир ба ҳавзаи лозурии дарёи Вахш, ки низоми лозурии Ванҷях (Федченко)-ро низ фаро мегирад, нишон дод, ки масоҳати умумии лозурҳои ин ҳавза аз 4440,9 км² дар соли 2000 то 4087,1 км² дар соли 2018 коҳиш ёфта, барои соли 2025 тахминан 3955,2 км² пешбинӣ мешавад; яъне тайи солҳои 2000-2025 масоҳати умумии лозурҳо 485,7 км² (10,94 фоиз) кам шуда, коҳиши миёнаи солона ба 19,43 км² мерасад.<ref name="fn27">Changes in Glaciers of the Vakhsh River Basin, Tajikistan Under Global Climate Change (англ.) // Remote Sensing, ҷ. 18, № 9, мақолаи 1436, 2026.</ref>
Қисмати шарқии кӯҳистони ноҳия, аз ҷумла шарқи қаторкӯҳи Ванҷ ва минтақаи лозури Федченко, ба ҳудуди Боғи миллии Тоҷикистон дохил мешавад, ки соли 1992 таъсис ёфтааст ва моҳи июни соли 2013 таҳти унвони ''«Боғи миллии Тоҷикистон (кӯҳҳои Помир)»'' ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардид.<ref name="fn28">Таджикский национальный парк «Горы Памира» включён в список Всемирного наследия ЮНЕСКО (рус.) // Маркази ахбори СММ, июни 2013. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn29">Таджикский национальный парк --- объект Всемирного наследия ЮНЕСКО (рус.) // Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Заминҷунбӣ ===
Ноҳияи Ванҷ дар минтақаи аз ҷиҳати заминҷунбӣ фаъол ҷой дорад. 2 январи соли 2010 дар шарқи Тоҷикистон заминҷунбие бо бузургии 5,1-5,4 рух дод, ки дар натиҷаи он дар маркази ноҳияи Ванҷ ва деҳаҳои Роғу Гишхун беш аз 1050 бино хароб гардида, тибқи баъзе маълумот то 20 ҳазор нафар зарар диданд ва зиёда аз ҳазор сокин муваққатан бесарпаноҳ монданд.<ref name="fn30">Землетрясение магнитудой в 5,1 балла произошло в Таджикистане (рус.) // РИА Новости, 2--3 январи 2010. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn31">Смертоносная стихия: рассказываем про самые разрушительные землетрясения в Таджикистане и мире (рус.) // Диалог.TJ. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Иқлим ==
Иқлими ноҳияи Ванҷ қораӣ (континентӣ) аст; тобистонаш гарми бебориш, зимистонаш сарди камбарф; ҳарорати миёна дар моҳи июл 20-24 °C, дар январ аз −12 °C то −20 °C. Мизони борандагии солона 200-300 миллиметр аст. Баландиҳои 4000-5500 м марғзоранд, аз он болотар – тундраи кӯҳист. Дар баландкӯҳҳо иқлим ба куллӣ дигар аст: дар минтақаи лозури Ванҷях ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво ҳатто дар моҳҳои июн-сентябр ҳамагӣ +1,6 °C буда, миқдори солонаи боришот дар он ҷо ба 1192 мм мерасад, ки 99 дарсади он ба шакли барф меборад.<ref name="fn10" />
=== Таснифи иқлимӣ ва механизмҳои ташаккулёбандаи он ===
Тибқи таснифи байналмилалии иқлимшиносии Кёппен-Гейгер (Köppen-Geiger), иқлими қисми асосии водиҳои поёнии ноҳияи Ванҷ ба гурӯҳи Dsa – ''«иқлими қораии мӯътадил бо тобистони гарму хушк»'' – мансуб дониста мешавад.<ref name="fn32">Vanj (англ.) // Wikipedia, the Free Encyclopedia. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ин рамз се хусусияти бунёдиро ифода мекунад: ҳарфи D нишон медиҳад, ки ҳарорати миёнаи сардтарин моҳи сол аз −3 °C поёнтар аст ва барф дар зимистон қабати устувор ташкил медиҳад, дар ҳоле ки гармтарин моҳ аз 10 °C болотар аст; ҳарфи s далолат мекунад, ки боришоти моҳи хушктарини тобистон ба маротиб камтар аз боришоти моҳи сербориштарини зимистону баҳор аст; ҳарфи a нишон медиҳад, ки ҳарорати миёнаи гармтарин моҳи сол аз 22 °C зиёдтар аст. Ин таснифот танҳо то баландиҳои тақрибан 2000-2500 метр эътибори комил дорад; бо боло рафтан аз ин сатҳ, иқлим ба категорияҳои сардтару намноки Dsb ва Dsc мегузарад, дар баландиҳои беш аз 3500-4000 метр ба категорияи E (иқлими тундраи кӯҳӣ) ва дар минтақаи лозурҳо, аз ҷумла дар ҳавзаи Ванҷях, ба категорияи EF (иқлими яхбандии доимӣ) табдил меёбад.<ref name="fn33">Outlook on climate change adaptation in the Central Asian mountains (англ.) // Carpathian Convention. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Иқлими ноҳия натиҷаи таъсири мутақобилаи се механизми асосии атмосферист. Дар фасли зимистон (аз ноябр то март) минтақа таҳти таъсири канораи ҷанубу ғарбии Антитсиклони Сибирӣ қарор мегирад, ки массаҳои ҳавоии сарду хушкро ба водиҳои Помир ворид карда, ҳавои софи вале шадидан сарди зимистонаро ба вуҷуд меорад.<ref name="fn34">Рамочная модель управления экологическими и социальными охранными мерами (РМУЭСОМ) (рус.) // ECDP.TJ. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар охири зимистону фасли баҳор, силсилабодҳои ғарбӣ (Westerlies), ки аз уқёнуси Атлантик ва баҳри Миёназамин ҷараён мегиранд, манбаи асосии намӣ ва боришот мебошанд; вақте ин сиклонҳо ба қаторкӯҳҳои баланди Ванҷу Язғулом бармехӯранд, раванди боришоти орографӣ (кӯҳсоз) рӯй медиҳад, ки боиси резиши миқдори зиёди борону барф мегардад. Дар моҳҳои июлу август бошад, гармшавии шадиди сатҳи замин дар биёбонҳои Афғонистону Эрон боиси пайдоиши минтақаҳои фишори паст мегардад, ки массаҳои ҳавоии тропикии хушкро ба минтақа ворид карда, равандҳои абрсозиро бозмедоранд ва давраи хушксолии тобистонаро фаро меоранд. Бо сабаби парокандагии шабакаи истгоҳҳои обуҳавосанҷӣ дар кӯҳистони Помир, таҳлили дақиқи микроиқлимҳои алоҳида – ҳатто бо истифода аз пойгоҳҳои додаҳои глобалӣ ба монанди MERRA-2 – то ҳанӯз кори мураккабе боқӣ мемонад.<ref name="fn35">Modeling of historical and future changes in temperature and precipitation in the Panj River Basin in Central Asia under the CMIP5 RCP and CMIP6 SSP scenarios (англ.) // PMC. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Низоми ҳарорат ===
Маълумоти мушаххаси истгоҳҳои метеорологии маҳаллӣ манзараи дақиқтари низоми ҳароратиро пешкаш мекунанд. Тибқи таҳлили илмии соли 2024, ки бар асоси мушоҳидаҳои истгоҳи обуҳавосанҷии Хумроғӣ (воқеъ дар ҳавзаи болооби рӯди Ванҷ) анҷом дода шудааст, ҳарорати миёнаи солона дар ин минтақа тақрибан ба +9,9 °C баробар аст.<ref name="fn36">Murodov, M.; Li, L.; Safarov, M.; Lv, M.; Murodov, A.; Gulakhmadov, A.; Khusrav, K.; Qiu, Y. A Comprehensive Examination of the Medvezhiy Glacier\\\'s Surges in West Pamir (1968--2023) (англ.) // Remote Sensing. --- 2024. --- Ҷ. 16, № 10. --- Мақолаи 1730. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Гармтарин моҳи сол июл буда, ҳарорати миёнаи он ба +23,0 °C мерасад,<ref name="fn36" /> баъзе манбаъҳои дигар ҳарорати миёнаи июлро дар маркази ноҳия то +25 °C арзёбӣ мекунанд.<ref name="fn32" /> Тибқи маълумоти сомонаҳои обуҳавосанҷии оммавӣ, дар давоми рӯзҳои гарми тобистон (масалан, дар охири июлу аввали август) ҳарорати нимирӯзӣ метавонад ба таври муназзам то +27...+32 °C боло равад.<ref name="fn37">Погода в Ванче сегодня (рус.) // Gismeteo. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Сардтарин моҳи сол январ аст, ки тибқи маълумоти истгоҳи Хумроғӣ ҳарорати миёнааш аз −4,9 то −5,0 °C-ро ташкил медиҳад.<ref name="fn36" /><ref name="fn32" /> Ин рақам аз тавсифи умумии дар боло овардашуда (аз −12 то −20 °C), ки маъмулан дар сарчашмаҳои донишномавӣ дар бораи маркази ноҳия дода мешавад, фарқи назаррас дорад; чунин ба назар мерасад, ки ин тафовут на ихтилофи асл, балки натиҷаи фарқи мавқеи чен ва усули ҳисоб бошад – рақами дуюм эҳтимолан ба ҳарорати шабонаи ниҳоии сардтарин рӯзҳо ё ба минтақаҳои баландтари ноҳия дахл дорад, дар ҳоле ки рақами якум ҳарорати миёнаи моҳонаро дар як истгоҳи мушаххас инъикос мекунад. Муҳимтарин хусусияти ин иқлим амплитудаи миёнаи солонаи ҳарорат аст, ки ба 27,9 °C мерасад ва гувоҳи равшани набудани таъсири мӯътадилкунандаи баҳрҳо мебошад.<ref name="fn36" />
Ҳароратҳои фавқулода низ ба қайд гирифта шудаанд: тибқи як ҳуҷҷати арзёбии экологию иҷтимоӣ, дар моҳи июли соли 2013 ҳарорати ҳаво дар ноҳия то +36,6 °C расидааст, дар ҳоле ки дар моҳи январи соли 2012 пасттарин ҳарорати мутлақ −20,5 °C ба қайд гирифта шуд;<ref name="fn34" /> тафовути миёни ин ду нишондиҳанда – беш аз 57 дараҷа – худ далели равшани шиддати иқлими қораии кӯҳистонии ноҳия аст.
Бо ҳар 100 метр болоравии баландӣ, ҳарорати ҳаво, тибқи қонунияти умумии физикаи атмосфера, ба ҳисоби миёна 0,6 °C коҳиш меёбад; маҳз ҳамин градиенти амудӣ сабаб мешавад, ки дар ҳоле ки дар маркази ноҳия тобистон гармои то 30 дараҷа ҳукмфармост, дар баландиҳои болои 4000 метр шароити наздик ба зимистон боқӣ мемонад. Дар минтақаи лозури Ванҷях, тавре ки дар боло зикр гардид, ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво ҳатто дар моҳҳои июн-сентябр ҳамагӣ +1,6 °C-ро ташкил медиҳад, ки шабнаму яхбандии шабонаро дар он ҷо ҳатто дар авҷи тобистон табиӣ мегардонад.
=== Боришот ва намнокии ҳаво ===
Тақсимоти боришот дар ноҳияи Ванҷ, мисли ҳарорат, ба таври шадид вобаста ба баландӣ тағйир меёбад. Тибқи маълумоти истгоҳи Хумроғӣ, боришоти миёнаи солона дар ҳавзаи болооби рӯди Ванҷ ба 341 мм мерасад,<ref name="fn36" /> дар ҳоле ки дар қисматҳои поёнии водӣ ин рақам ба 200-300 мм наздик аст (ниг. боло), ва дар баъзе минтақаҳои миёнакӯҳ, тибқи баъзе сарчашмаҳо, то 626 мм низ мерасад.<ref name="fn32" /> Хусусияти муҳимтарин на ҳаҷми умумии боришот, балки тақсимоти бениҳоят нобаробари он дар тӯли сол аст: моҳи сербориштарин март буда, ба ҳисоби миёна 64 мм боришот дорад ва бо обшавии ҳамзамони барфҳои кӯҳӣ сатҳи оби Ванҷобу Язғуломро кескин боло мебарад; моҳи хушктарин бошад, август аст, ки миқдори боришот дар он ҳамагӣ ба 1 мм мерасад.<ref name="fn36" /> Тафовути 63-миллиметра миёни ин ду моҳ нишондиҳандаи равшани хушксолии мутлақи тобистона мебошад.<ref name="fn36" />
Намнокии нисбии ҳаво низ ба ҳамин ритми мавсимӣ пайравӣ мекунад: дар авҷи тобистон он метавонад то 18-24 фоиз коҳиш ёбад,<ref name="fn38">Погода в Ванче (Таджикистан) (рус.) // JSPRAV.ru. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> ки боиси бухоршавии босуръати намӣ аз сатҳи хоку баргу набот гардида, эҳтиёҷи кишоварзиро ба обёрии сунъӣ хеле меафзояд. Дар муқобил, дар минтақаи баландкӯҳии лозури Ванҷях, тавре ки дар боло омад, миқдори солонаи боришот ба 1192 мм мерасад, ки 99 дарсади он ба шакли барф меборад – рақаме, ки таъсири орографии (кӯҳсози) қаторкӯҳҳои Ванҷу Академияи илмҳоро ба таври возеҳ нишон медиҳад: ҳангоме ки массаҳои ҳавоии намнок ба ин деворҳои азим бармехӯранд, ба боло ҳаракат карда, сард мешаванд ва намии худро дар шакли боришоти шадид дар минтақаҳои баландтар мепартоянд, дар ҳоле ки водиҳои поёнӣ дар ''«сояи боришот»'' боқӣ мемонанд.
Хоки водиҳо ҷигарӣ ва чаманзорӣ (чимтолӣ); хоки кӯҳҳо ва нишебиҳои онҳо даштӣ ва марғзору баландкӯҳ, ҷо-ҷо регзор аст. Аксари хокҳо серсанганд.
Дар водиҳо набототи даштӣ, дар кӯҳҳо ва доманаи онҳо дарахтони бед, арча, сафедор, буттаҳои ангат, зирк, бушол, настаран; дар баландии 2000-4000 м камол, юған, торон, ревоҷ (чукрӣ), куруш, фарк, курт, бодом, жағн, тӯс (буруҷ) ва ғайра мерӯянд. Дар водии Ванҷ дарахтони мевадор, аз қабили тут, зардолу, себ, чормағз хеле фаровонанд ва ҳосили хуб медиҳанд.
Аз ҳайвоноти ваҳшӣ паланг, хирс, гург, шағол, рӯбоҳ, оҳу, суғур, заргӯш, аз парандагон гунҷишк, ғулба, кабки реза, кабки дарӣ (ҳилол), кафтар, боз, ғалевоз, уқоб ва ғайра вомехӯранд.
=== Минтақабандии амудии эко-иқлимӣ ===
Бо сабаби тафовути шадиди баландӣ – аз 1500 метр дар қисматҳои поёнии водӣ то беш аз 6000 метр дар қуллаҳо – иқлими ноҳияи Ванҷ якранг нест, балки аз занҷираи пайдарпайи минтақаҳои эко-иқлимӣ иборат аст, ки ҳар кадоме шароити хоси гармову намнокӣ ва набототу ҳайвоноти мувофиқи худро доранд.
Дар баландии 1500-2000 метр, дар водиҳои Ванҷу Водхуд, иқлим гармтарину мусоидтарин аст; маҳз дар ҳамин минтақа, тавре ки дар боло зикр шуд, дарахтони меваовар – тут, зардолу, себу чормағз – ҳосили фаровон медиҳанд. Аз баландии 2000 то 4000 метр иқлим сардтар мешавад ва набототи дарахтии гармидӯст ҷои худро ба буттаву гиёҳҳои тобовар ба хушкии тобистона медиҳад; маҳз ҳамин минтақа, тибқи таҳқиқоти экологии барномаҳои ҷаҳонии ҳифзи табиати Осиёи Марказӣ, макони зисти намудҳои нодири эндемикӣ – аз ҷумла гиёҳи [*Nepeta badachschanica]* ва шабпараки нодири кӯҳӣ [*Parnassius autocrator]* – маҳсуб мешавад.<ref name="fn39">World Heritage thematic study for Central Asia (англ.) // IUCN Portals. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар баландии 4000-5500 метр, дар минтақаи тундраи кӯҳӣ ва марғзорҳои алпӣ, набототи дарахтӣ комилан аз байн меравад ва танҳо гиёҳҳои пастқад, ушна ва сангфаш (лишайник) боқӣ мемонанд; фаунаи ин минтақа – аз ҷумла паланг, хирс, суғур ва кабки дарӣ (ҳилол) – бештар дар фасли тобистон ба ин баландиҳо мебарояд ва бо фарорасии зимистон ба минтақаҳои поёнии гармтар муҳоҷирати амудӣ мекунад.<ref name="fn39" /> Ниҳоят, аз баландии 5500 метр боло, дар минтақаи нивалӣ-лозурӣ, олами яхбандии доимӣ оғоз мешавад, ки ба иқлими қутбҳои Замин монандӣ дорад ва манбаи асосии ғизогирии лозурҳои бузурги ноҳия, аз ҷумла лозури Ванҷях, ба шумор меравад.
=== Хатарҳои гидрометеорологӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ===
Иқлими шадидан қораии ноҳияи Ванҷ, ки бо боришоти пуршиддати баҳорӣ ва хушксолиҳои шадиди тобистона тавсиф мешавад, минтақаро ба яке аз осебпазиртарин ноҳияҳо аз лиҳози хатарҳои гидрометеорологӣ дар тамоми ҳавзаи рӯди Панҷ табдил додааст.<ref name="fn40">Climate Change Vulnerability Assessment Republic of Tajikistan: Building Climate Resilience in the Pyanj River Basin (англ.) // Climate Investment Funds (CIF). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ду омили асосии иқлимӣ сабабгори аксари сел ва обхезиҳо мебошанд. Аввал, вақте ки боришоти шадиди баҳорӣ бо баландшавии ногаҳонии ҳарорат ҳамроҳ мешавад, барфҳои нишебиҳои кӯҳӣ босуръат об шуда, заминро аз ҳад зиёд сернам мекунанд ва ба лағжиши қабатҳои замин ва фаромадани селҳои лойқадор оварда мерасонанд.<ref name="fn36" /> Дуюм, ҳангоме ки ҳарорати нимирӯзии тобистона ба атрофи +30 °C мерасад, суръати обшавии лозурҳо ба ҳадди аксар расида, метавонад боиси обхезиҳои ногаҳонии кӯлҳои лозурӣ гардад,<ref name="fn38" /> падидае, ки, тавре ки дар бахши ''«Лозурҳо ва қуллаҳо»'' зикр гардид, дар мисоли лозури Хирс борҳо ба амал омадааст.
Тибқи арзёбии осебпазирии иқлимӣ, ки дар доираи лоиҳаи минтақавии ''«Ташаккули устувории иқлимӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ»'' анҷом дода шудааст, деҳаҳои ноҳияи Ванҷ, аз ҷумла дар ҷамоатҳои Водхуду Язғулом, дар қатори минтақаҳои дорои хатари миёна ва баланди зарар аз сел ва обхезӣ гурӯҳбандӣ шудаанд.<ref name="fn40" /><ref name="fn41">45354-002: Building Climate Resilience in the Pyanj River Basin (англ.) // Asian Development Bank. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Барои коҳиш додани ин осебпазирӣ, дар доираи лоиҳаҳои байналмилалии мутобиқшавӣ ба иқлим, дар ҳудуди ҷамоати Водхуд корҳои мустаҳкамкунии соҳили рӯди Ванҷоб ва барқарорсозии лӯлаҳои оби полезӣ анҷом дода шудаанд, ки ҳадафи онҳо ҳифзи заминҳои кишоварзӣ аз сел ва кафолати таъминоти об дар давраҳои хушксолии шадид мебошад.<ref name="fn40" /> Ин гуна тадбирҳои инфрасохторӣ, дар якҷоягӣ бо гузариш ба неруи барқи хурди обӣ (ниг. бахши ''«Энергетика»'') ва вобастагии иқтисоди хонаводаҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ (ниг. бахши ''«Муҳоҷирати меҳнатӣ»''), нишондиҳандаи равшани он мебошанд, ки иқлими шадиди кӯҳистонӣ на танҳо омили табиӣ, балки муайянкунандаи асосии тарзи зиндагӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ванҷ боқӣ мемонад.
{| class="wikitable"
|+Ҷадвали 1. Хулосаи нишондиҳандаҳои иқлимии ноҳияи Ванҷ<ref name="fn36" /><ref name="fn32" /><ref name="fn34" /><ref name="fn37" /><ref name="fn38" />
!Нишондиҳанда
!Қимат
!Тавзеҳ
|-
|Ҳарорати миёнаи солона
| +9,9 °C
|Истгоҳи Хумроғӣ
|-
|Ҳарорати миёнаи июл (гармтарин моҳ)
| +23,0...+25,0 °C
|Хумроғӣ / маркази ноҳия
|-
|Ҳарорати миёнаи январ (сардтарин моҳ)
|−4,9...−5,0 °C
|Истгоҳи Хумроғӣ
|-
|Амплитудаи миёнаи солонаи ҳарорат
|27,9 °C
|Нишондиҳандаи иқлими қораӣ
|-
|Максимуми мутлақ (рекорд)
| +36,6 °C
|Июли соли 2013
|-
|Минимуми мутлақ (рекорд)
|−20,5 °C
|Январи соли 2012
|-
|Боришоти солона (Хумроғӣ)
|341 мм
|Ҳавзаи болооби рӯди Ванҷ
|-
|Моҳи сербориштарин
|64 мм
|Март
|-
|Моҳи хушктарин
|1 мм
|Август
|-
|Намнокии нисбии ҳаво дар тобистон
|18-24 %
|–
|}
== Таърих ==
Ванҷ таърихи чандинҳазорсола дорад, ки осори таърихии он то ҳол пойбарҷоянд, аммо касе аз донишмандони таърих ва бостоншиносони тоҷик ба пажӯҳиши ҷиддии ин ганҷинаи таърих домани ҳиммат барназадааст. Сағонаҳо ва дахмаҳои Ванҷ худ далели ошкори таърихи чандҳазорсолаи ин куҳанбуманд. Бо ин ҳама, таърихи навини водӣ дар осори муаррихони тоҷик – мақолаи академик Раҳим Масов ''«Оид ба таърихи водии Ванҷ»'' ва китобҳои профессор Ҳайдаршо Пирумшоев – мавриди баррасии махсус қарор гирифтааст.<ref name="fn42">Масов Р. М. К истории Ванчской долины // Мероси ниёгон. --- Душанбе, 1999. --- № 4. --- С. 20--30.</ref><ref name="fn2" />
Сарнавишти таърихии Ванҷ аз дигар мавзеъҳои тоҷикнишини Бухорои Шарқӣ ва ғарби Бадахшон чандон фарқе надошт. Фоҷиаҳое, ки дар ин ё он гардиши таърихӣ, мисли ҳуҷуми муғулҳо, темуриён ва тозиши дигар қабилаҳои кӯчии туркнажод ва хунрезиҳои ваҳшиёна дар давраи парокандагии феодалӣ рух доданд, бар ин сарзамин бетаъсир набуданд. Тоҷиконе, ки зери таъқибу фишори аҷнабиён қарор гирифта буданд, барои ҳифзи ҷони худ ба тагнои ин дараҳои дастнорас, ба каронаҳои рӯдҳои кӯҳӣ паноҳ бурданд ва ба ҷойҳои дурдасте кӯчиданд, ки сокинони маҳаллӣ дар он солиёни дароз бо кӯшишу ранҷи сахт қитъаҳои хурди заминро барои кишт созгор мекарданд.
Далели мустақими мардумшиносии ин падидаи муҳоҷират аз ҷониби шарқшиноси рус А. А. Семёнов, ки соли 1898 дар доираи экспедитсияи расмии граф А. А. Бобринский ба кӯҳҳои Зарафшону Қаротегину Дарвоз сафар карда буд, сабт гардидааст:
''«Обитатели долины Ванджа говорили, что ихъ долина заселена недавно, лѣтъ сто тому назадъ, выходцами съ Хингоба. Это переселеніе, замѣтимъ, на Вандж съ Хингоба продолжается, вѣроятно, и до сихъ поръ: намъ здѣсь приходилось встрѣчать много туземцевъ, которые родились въ долинѣ Хингоба и недавно переселились на Ванджъ. Туземцы Дарваза по Пянджу передавали, что ихъ отцы заселили правый берегъ рѣки, когда лѣвый былъ занятъ, и пришли сюда изъ долины Хингоба, туда же переселились съ Ях-Су.»''
Тарҷума: ''«Сокинони водии Ванҷ мегуфтанд, ки водии онҳо на чандон пеш, тахминан сад сол қабл, аз ҷониби муҳоҷирони аз Хингов омада маскун шудааст. Ин муҳоҷират, бояд қайд кард, аз Хингов ба Ванҷ, эҳтимол, то ба имрӯз низ идома дорад: мо дар ин ҷо бисёр сокинонеро вохӯрдем, ки худашон дар водии Хингов таваллуд шуда, ба наздикӣ ба Ванҷ кӯчида буданд. Сокинони бумии Дарвоз дар соҳили Панҷ нақл мекарданд, ки падарони онҳо соҳили рости дарёро – вақте ки соҳили чап аллакай ишғол шуда буд – маскун сохтаанд ва ба ин ҷо аз водии Хингов омада буданд, ки худ пеш аз он аз Ях-Су ба он ҷо кӯчида буд»''.<ref name="fn43">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 20.</ref> Ин маълумоти мардумшиносӣ, ҳарчанд бар асоси ривояти шифоҳии сокинон дар охири асри XIX сабт шуда ва набояд ҳамчун санади мутлақи таърихӣ пазируфта шавад, бо ин ҳама, бо тасвири умумии дар боло овардашуда – ки водиро паноҳгоҳи гурезагони кӯҳистонӣ аз минтақаҳои гуногун меҳисобад – ҳамоҳангии комил дорад. Дар бораи таърихи куҳантари Ванҷ ҳанӯз манбаъи мувассақе ба даст нарасидааст. Аммо аз таҳқиқоти донишмандони руси тоинқилобӣ ва муҳаққиқони аҳди шӯравӣ бармеояд, ки Ванҷ қариб то охири асрҳои миёна истиқлоли худро нигоҳ медошт. Ин назарро донишманди маъруф, мутахассиси таърихи Бухорои Шарқӣ ва Бадахшон Б. Искандаров чунин баён кардааст:<ref name="fn44">Искандаров Б. И. Восточная Бухара и Памир во второй половине XIX в. Ч. 1--2. --- Душанбе, 1962--1963.</ref>
Аз мулкҳои қаламрави Дарвоз сокинони Ванҷ нисбатан мустақилияти воқеъиро соҳиб буданд. Ин ноҳияро кӯҳҳои баланд иҳота мекунанд ва он аз шоҳроҳи пайвандгоҳи мулкҳои кишвар дар канор, дар наздикиҳои доманаи лозури Федченко ҷой дорад. Аз ин ҷиҳат мулки номбурда барои аҷнабиён дастнорас буд. Ба ин нигоҳ накарда, хонҳои Қӯқанд дар охири асри XVIII - ибтидои XIX борҳо барои ғасбу тобеъ намуданаш кӯшиш ба харҷ додаанд, вале ҳама талафоту харҷашон беҳуда анҷом ёфтааст.
Ванҷ дар замони истилои муғулон ва салтанати Темуриён, Шайбониён ва Аштархониён ба таври расмӣ ҷузъи қаламрави онҳо шинохта мешуд, аммо амалан мустақил буд. Ин вазъиятро метавон дар замони ташаккули давлатдории Қӯқанд (авохири асри 18 - нимаи якуми асри 19) низ мушоҳида кард. Мувофиқи маълумоти маъхазҳо, Ванҷ то замони эътироф кардани ҳукумати шоҳи Дарвоз Исмоил (1845-1863) истиқлоли худро нигоҳ дошт. Дар замони ҳукмронии шоҳони вопасини Дарвоз (1863-1877) Ванҷ бахше аз қаламрави он ҳисоб меёфт. Баъд аз пайвастани Ванҷ ба Дарвоз иқтидори ҳокимони Дарвоз афзоиши чашмгире дошт, зеро бо ҳамроҳ шудани паҳлавонони ҳузарби ванҷӣ ба сафи лашкари Исмоилшоҳ имконоти ҷангии ӯ бамаротиб афзуд. Дар бораи муносибати мураккаби Ванҷ бо ҳокимони марказии Дарвоз, ки байни итоат ва муқовимат дар навасон буд, шаҳодати арзишманди дигаре аз офицери Штаби Генералии Русия, капитан А. Кузнецов боқӣ мондааст, ки соли 1892 ба таври пажӯҳиши ҳарбӣ аз Дарвоз дидан кардааст. Тибқи гузориши ӯ, гоҳе Шоҳони Дарвоз маҷбур мешуданд бар зидди бекҳои саркаши Ванҷ лашкар бифиристанд:
''«Тѣмъ не менѣе этимъ переваломъ во время оно Дарвозскіе Ша посылали войска съ артиллеріей въ Ванчъ на усмиреніе непокорныхъ бековъ, которые портили по Пянджу дорогу и занимали оборонительно тѣснины этой рѣки.»''
Тарҷума: ''«Бо ин ҳама, тавассути ҳамин ағба буд, ки замоне Шоҳони Дарвоз лашкар бо тӯпхона ба Ванҷ мефиристоданд, барои ба итоат овардани бекҳои саркаше, ки роҳи канори Панҷро вайрон мекарданд ва тангноҳои ин дарёро ба таври мудофиавӣ ишғол менамуданд»''.<ref name="fn45">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 12–13.</ref> Мисоли дигари ин рӯҳияи истиқлолхоҳонаи Ванҷ дар хотираи мардумӣ низ маҳфуз мондааст: тибқи иттилои Кузнецов, тахминан 120 сол пеш аз боздиди ӯ, яъне дар замони Шоҳ Иброҳими Дарвоз, ҳокими Ванҷ — Шабосхон — бо роҳи ағбаи Кашолаях ба Сариқул барои ғорати қирғизҳо лашкар кашида буд:
''«Послѣдній разъ этимъ переваломъ ходилъ управитель Ванча Шабосъ-ханъ въ Сары-Колъ грабить киргизъ. Это было 120 лѣтъ тому назадъ во время Дарвозскаго Ша-Ибрагима.»''
Тарҷума: ''«Бори охирин аз ҳамин ағба ҳокими Ванҷ, Шоҳаббосхон барои ғорати қирғизҳо ба Сариқул гузашта буд. Ин ҳодиса 120 сол пеш, дар замони Шоҳи Дарвоз Иброҳим, рӯй дода буд»''.<ref name="fn46">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 21–22.</ref>
Тибқи ривояти маҳаллӣ, ки муаррихон Р. Масов ва Ҳ. Пирумшоев дар асари бунёдии худ ''«Файзи истиқлол дар "Боми ҷаҳон"»'' сабт кардаанд, дар деҳаи Кулумбаи Боло то ба имрӯз нишонаҳои коркарди тилло боқӣ мондаанд, ки гӯё дар замони истилои муғулон навкарони Чингизхон мардуми маҳаллиро маҷбуран ба ин фаъолият сафарбар карда буданд.<ref name="fn47">Масов Р. М., Пирумшоев Ҳ. Файзи истиқлол дар «Боми ҷаҳон». --- Душанбе: Дониш, 2011. --- 412 с. --- ISBN 978-99947-2-004-0. --- С. 362--363.</ref> Ин ривоят нишон медиҳад, ки ҳарчанд қудратҳои бузург метавонистанд нуфузи худро ба таври муваққатӣ ва барои истихроҷи захираҳо таҳмил кунанд, онҳо ҳеҷ гоҳ натавонистанд назорати пурраи маъмуриро дар ин дараҳои маҳкам барқарор намоянд. Дар замони салтанати Темуриён низ, тибқи маълумоти муаррихи асримиёнагӣ Абдурраззоқи Самарқандӣ, агарчи минтақа расман дар итоати Темур буд, он аз ҷониби шоҳони маҳаллӣ идора мешуд ва ҳатто дар лашкари Темур ҳангоми муҳосираи Қалъаи Калот (соли 1381 милодӣ) дастаҳое аз сокинони Дарвозу Қаротегин хидмат мекарданд, ки гувоҳи иқтидори ҳарбии ин кӯҳистониён аст.<ref name="fn47" />
Дар охири асри XVIII ва нимаи якуми асри XIX хонҳои Қӯқанд якчанд маротиба кӯшиши тобеъ намудани Ванҷу Дарвозро ба харҷ доданд: дар замони салтанати Умархон (1810-1822) ва Мадалихон лашкаркашиҳои пайдарпай ба самти Қаротегину Дарвоз сурат гирифтанд; чунончи соли 1834 Мадалихон бо сарварии Машариф Атолиқ лашкари бузургеро барои саркӯб кардани шоҳзодагони фирории қӯқандӣ ба ин манотиқ фиристод, ки боиси даргириҳои шадид бо сипоҳиёни маҳаллӣ гардид.<ref name="fn48">Мудабирзода. Диссертатсия // Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш, 2025.</ref> Бо вуҷуди ин талошҳо ва хароҷоти зиёди ҳарбӣ, тавре ки дар боло аз қавли Искандаров зикр гардид, Ванҷ мустақилияти воқеии худро нигоҳ дошт.
Бо таваҷҷуҳ ба ин мавзӯъ, намояндаи расмии идораи Русия дар Туркистон Г. А. Арандаренко чунин қайд намудааст:
Дар давраи Исмоилшоҳ ба дарвозиён фурсат даст дод, ки ҳокимияти худро на танҳо дар Қаротегин ва Шуғнон густариш диҳанд, балки аз Кӯлобу Ҳисор низ боҷ биситонанд, гарчи дар муддати на чандон тӯлонӣ ҳам бошад.
Тибқи таҳқиқоти навтарин, Исмоилшоҳ дар авҷи иқтидори худ ба ин доираи васеъ ҳатто Рӯшонро низ тобеъ карда буд.<ref name="fn48" /> Вақте ки дар охирҳои солҳои 1860-ум ҳокимони Кӯлобу Ҳисор – Сарахон ва Абдулкаримбий – бо лашкари тахминан 50 ҳазор нафара ба муқобили ӯ бархостанд, Исмоилшоҳ бо дастгирии неруҳои содиқи худ, аз ҷумла паҳлавонони ванҷӣ, ба онҳо муқовимати шадид нишон дод.<ref name="fn48" />
Баъди ба Русия ҳамроҳ кардани Осиёи Миёна, амир Музаффар (1860-1885) бо дастгирии фармондори вилояти Туркистон манотиқи мустақиллу нимамустақилли Бухорои Шарқиро тасарруф кард ва нерӯҳои ҳарбии худро бо сарварии Худойназар (зимистони солҳои 1877-78) ба воситаи ағбаи Работ ба Қалъаи Хумб фиристод. Худойназар Қалъаи Хумбро ишғол кард, сипас ба самти Ванҷ ҳаракат намуд. Дар наздикии деҳаи Кеврон набарди сахте рӯй дод ва аскарони амир тавонистанд лашкари Дарвозро шикаст дода, таъқиби сарбозони боқимондаро идома диҳанд. Дастаи размандагони ихтиёрии Ванҷ ҳаракати сарбозони амирро дар назди Қалъаи Рохарв – маркази Ванҷ боздоштанд. Баъди муҳосираи бенатиҷаи қалъа сарбозони амир ба Қалъаи Хумб баргаштанд. Ванҷ баъди тобеъ шудани шоҳии Дарвоз боз ду сол истиқлоли худро нигоҳ дошт. Дар давраи салтанати сулолаи манғитиён Ванҷ яке аз амлокдориҳои нисбатан бонуфузи бекии Дарвоз ба шумор мерафт.
Амлокдори Ванҷро ''«мир»'' ва ё ''«шоҳ»'' меномиданд, яъне мири Ванҷ ё шоҳи Ванҷ. Вижагии вазифаи мирӣ дар Ванҷ дар ин буд, ки номзадии мири Ванҷро бо машварат ва ройзании шахсиятҳои бонуфузи маҳаллӣ пешбарӣ мекарданд, сипас мири Дарвоз бар ӯ мувофиқат мекард ва аз амири Бухоро таъйиди ниҳойӣ дарёфт мешуд. Ҷамъ намудани андоз ва уҳдадориҳои феодалӣ ба зиммаи мир гузошта шуда буданд.
Муҳимтарин санади таърихӣ, ки сохтори деҳаҳо ва демографияи ин давраро тасдиқ мекунад, ҳуҷҷати барӯйхатгирии саросарии Аморати Бухоро дар соли 1914 мебошад. Тибқи ин санад, ки 6-уми моҳи рабиъу-с-сонии соли 1332-и ҳиҷрӣ (мутобиқ ба марти соли 1914) аз тарафи беки Дарвоз Абдусатторбек Бийи Додхоҳ бо муҳр тасдиқ шудааст, маркази амлокдории Ванҷ расман дар деҳаи Рохарв (макони Қалъаи Ванҷ) сабт гардидааст.<ref name="fn49">Ванҷ ва Язгулом 112 сол пеш аз ин // Газетаи мардумии СССР. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ин рӯйхати нодир нишон медиҳад, ки аксари мутлақи деҳаҳои имрӯзаи водӣ ҳанӯз сад сол қабл бо ҳамон номҳои таърихии худ вуҷуд доштанд ва қисми узвии сохтори маъмурии амлокдорӣ буданд.<ref name="fn49" />
Сокинони водии Ванҷ Инқилоби Октябрро нисбатан хуб пазируфтанд, вале пас аз муддати кӯтоҳе муборизони маҳаллии муқовимат, аз пайравони Фузайл Махсум ва дигарон, ки бо номи ''«босмачиён»'' маъруфанд, чандин бор бо Артиши Сурх ва давлати шӯравии мустақарр дар Ванҷ даргир шуданд. Дар ин даргириҳо барои дифоъ аз ҳукумати шӯравӣ фидоиёни маҳаллӣ, мисли М. Давлатов, С. Раупов, Т. Шарифов, В. Эҳсонов, У. Меҳралишоев, Ҷ. Сафоев, Қ. Собиров ва дигарон ширкат доштанд.
Тафсилоти иловагӣ дар бораи ҳамин рухдодҳо — аз ҷумла робитаи онҳо бо мудохилаи Британия дар минтақа — дар мақолаи Т. Г. Абаева дар бораи пажӯҳишҳои А. В. Станишевский омадааст:
''«Басмаческий налет весной 1929 г. на Гарм и на Ванчский район Западного Памира был осуществлен под руководством капитана Вуда-Балларда, помощника малакандского политического агента по Читральскому княжеству.»''
Тарҷума: ''«Ҳамлаи босмачиён дар баҳори соли 1929 ба Ғарм ва ба ноҳияи Ванҷи Помири Ғарбӣ таҳти роҳбарии капитан Вуда-Баллард, ёрдамчии агенти сиёсии малаканд оид ба амораи Читрал, амалӣ гардид.»''.<ref name="fn50">Абаева Т. Г. Исследования А. В. Станишевского (Азиза Ниалло) о Памире // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 281.</ref>
Бино бар сарчашмаҳои таърихӣ, дар асрҳои миёна Ванҷ се ниҳиштаи маъдани оҳансанг дошт. Ҳанӯз дар оғози асри XX истихроҷи оҳан, гудохтани он ва оҳангарӣ яке аз пешаҳои асосии мардуми маҳаллии Ванҷ буд, ки бо ин пеша манотиқи муҷовирро бо оҳан ва афзоли хоҷагӣ, асбоби кишоварзӣ, корду шамшер ва дигар аслиҳа таъмин мекарданд.<ref name="fn51">Камалиддинов Ш. С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX --- начала XIII вв. --- Ташкент: Ӯзбекистон, 1996.</ref> Ин касби мардумии ванҷиёнро шарқшиноси маъруф М. С. Андреев ҳанӯз соли 1926 дар рисолаи махсуси худ ''«Истеҳсоли оҳан дар водии Ванҷ»'' муфассал тавсиф кардааст.<ref name="fn52">Андреев М. С. Выработка железа в долине Ванча (верховья Аму-Дарьи). --- Ташкент, 1926.</ref>
Тибқи маълумоти иловагӣ дар бораи ин ҳунари мардумӣ, гудозиши оҳан дар кӯраҳои махсуси заминӣ - чиндонҳо, ки аз сангҳои тарошиданашуда ва гил сохта мешуданд, анҷом мепазируфт; оташро тавассути дамҳои аз пӯсти буз сохташуда меафрӯхтанд ва ҳамчун сӯзишворӣ аз ангишти чӯб ва барои афрӯхтани оташ, буттаи кӯҳии ''«пӯш»''-ро истифода мекарданд.<ref name="fn53">Ходоров И. Е. Таджикистан в народном хозяйстве СССР (рус.) // Исторические материалы (istmat.org). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Як чунин кӯра тавоноӣ дошт, ки дар як шабонарӯз то 240 килограмм маъданро коркард намояд ва раванди пайвастаи гудозиш аз 2 то 5 шабонарӯз идома меёфт;<ref name="fn53" /> маҳз ҳамин технологияи маҳаллӣ ба Ванҷ имкон медод, ки аз воридоти металл аз берун вобаста набошад ва артиши худро бо аслиҳаи сард таъмин карда, худкифоии ҳарбию иқтисодиро кафолат диҳад.
Шаҳодати мустақил ва қадимтарини мустанад дар бораи ин анъанаи оҳангарӣ, ки бисту се сол пеш аз тадқиқоти Андреев сабт шудааст, аз гузориши капитан Кузнецов (соли 1892) бармеояд:
''«Серебро имѣется въ Джумарчскомъ амилякдарствѣ, свинецъ, олово у кишлака Вараунъ, желѣзо по р. оби-Ванчъ, главнымъ образомъ въ окрестностяхъ кишлака Техарви, кишлака Потау и кишлака Вань-Вань. Туземцы берутъ желѣзную руду, лежащую только на верхнихъ слояхъ земли; обжигаютъ ее въ особо-устроенныхъ печахъ, причемъ изъ 2 пудовъ руды получается желѣза полъ-пуда.»''
Тарҷума: ''«Нуқра дар амлокдории Ҷумарҷ мавҷуд аст, сурбу қалъагӣ — дар канори рустои Баравн, оҳан бошад — дар канори дарёи Ванҷ, асосан дар атрофи рустоҳои Техарв, Потов ва Ван-ван. Бумиён маъдани оҳанро, ки танҳо дар қабатҳои болоии замин ҷой дорад, бармедоранд; онро дар кӯраҳои махсус месӯзонанд, ки дар натиҷа аз ду пуд маъдан ним пуд оҳан ба даст меояд»''.<ref name="fn54">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 55–56.</ref> Кузнецов инчунин истихроҷи тиллоро дар ҳавзаи дарёи Ванҷ (дар канори Сағирдашту Язғулом), ки бо усули ибтидоии кӯшмаву ғалбер сурат мегирифт, тасвир кардааст ва аз байни ҳунарҳои дастии амлокдории Ванҷ, махсусан кордсозиро зикр намудааст:
''«Изъ кустарнаго производства обращаетъ на себя вниманіе только выдѣлка ножей въ Ванчскомъ амилякдарствѣ, да повсюду приготовленіе мату для одежды.»''
Тарҷума: ''«Аз ҳунарҳои дастӣ танҳо кордсозӣ дар амлокдории Ванҷ ва — дар ҳама ҷо — тайёр кардани мату барои либос таваҷҷуҳро ҷалб мекунад»''.<ref name="fn55">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 68.</ref>
Ванҷ аз замони Сомониён то соли 1877 ҳукумате мустақил дошта, фармонравоёни онро шоҳ мехондаанд. Соли 1878 амири Бухоро ба Дарвоз лашкар кашид ва пас аз хиёнати баъзе дарвозиён ба Дарвоз муставлӣ шуд; Дарвозро бекигарӣ ва Қалъаи Хумбро қароргоҳи урдуи манғитиён гардонд. Дарвоз тайи солҳои 1878-1920 яке аз бекигариҳои Бухоро буд ва бек дар Қалъаи Хумб менишаст ва мир хонда мешуд. Бо вуҷуди ин ҳама, Ванҷ зоҳиран дар итоати бекигарӣ буд, вале истиқлоли худро нигаҳ дошт ва пои шуми сипоҳи манғитиён ба Ванҷзамин нарасид.
Тафсилоти иловагӣ дар бораи лаҳзаҳои ниҳоии хонигарии мустақили Дарвоз низ дар ҳамин гузориши Кузнецов сабт шудааст. Тибқи маълумоти ӯ, дар арафаи суқут, аз тамоми қаламрави собиқи хонигарӣ ба охирин Шоҳи Дарвоз — Сераҷетдин — танҳо чанд мулки марказӣ, аз ҷумла худи Ванҷ, боқӣ монда буд:
''«...послѣднему дарвозскому Ша Сераджетдину принадлежали только Кала-и-Хумбъ, Ванчъ, Язулемъ, всѣ амилякдарства лѣваго берега Пянджа съ Хагономъ включительно, Хуллезъ и Вахія.»''
Тарҷума: ''«...ба охирин Шоҳи дарвозӣ Сироҷидин танҳо Қалъаи Хумб, Ванҷ, Язғулом, тамоми амлокдориҳои соҳили чапи Панҷ то Ҳагонро (Деҳагон, Деҳхагон) дар бар гирифта, инчунин Хулоз ва Вахё тааллуқ доштанд»''.<ref name="fn56">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 5.</ref> Ва ҳангоме ки соли 1878 сипоҳи бухороӣ бо сарварии Худойназар-Атолиқ ногаҳон ба Қалъаи Хумб наздик шуд, Сироҷидин-Шоҳ бидуни ҷанг таслим гардид, вале роҳи гурези худро маҳз аз тариқи Ванҷ интихоб намуд:
''«Сераджетдинъ-Ша сдалъ крѣпость безъ бою, а самъ бѣжалъ черезъ Ванчъ въ Кокандъ къ Худаяръ-хану.»''
Тарҷума: ''«Сироҷидин-Шоҳ қалъаро бидуни ҷанг таслим кард, худаш бошад, аз тариқи Ванҷ ба Қӯқанд, назди Худоёрхон гурехт»''.<ref name="fn57">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 6.</ref>
Соли 1895 бекигарии Дарвоз, ки дар ҳар ду канораи рӯди Панҷ қарор дошт, дар паи ҷаҳонгириҳои Русия ва Британия дупора гардид: канораи рост ба аморати Бухоро ва канораи чап ба Афғонистон дода шуд.<ref name="fn58">Постников А. В. Схватка на «Крыше Мира»: политики, разведчики и географы в борьбе за Памир в XIX веке. --- М.: Памятники исторической мысли, 2001. --- 416 с. --- ISBN 5-88451-100-0.</ref>
Ванҷ то соли 1920 амлокдории Қалъаи Ванҷи бекигарии Дарвози аморати Бухоро буд. Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 Ванҷ аз соли 1920 то 1924 чун тумани Ванҷ дар ҳайати вилояти Ғарми Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро ҷой дошт. Солҳои 1925-1926 Ванҷ чун ҷузъи тумани Қалъаихумби вилояти Ғарми ҶМШС Тоҷикистон ҳисоб меёфт. Солҳои 1926-1930 волости Ванҷ дар ҳайати ВМКБ буд. Солҳои 1930-1933 Ванҷ чун қисми ҳудуди ноҳияи Қалъаихумб бевосита дар тобеъияти ҷумҳурӣ буд.
Тибқи Қарори Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон аз 29 майи соли 1933, №46 расман ноҳияи Ванҷ таъсис ёфта, то соли 1937 дар тобеъияти бевоситаи ҷумҳурӣ қарор дошт. Дар асоси Қарори Президиуми КИМ-и Шӯроҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 августи соли 1937, №43 ноҳияи Ванҷ бо ҳамаи деҳшӯроҳояш: Ванҷ, Водхуд, Рованд, Техарв, Жовуд ва Язғулом расман ба ҳайати ҳудудии ВМКБ гузаронида шуд. Бино бар ин, ноҳияи Ванҷ ҳамчун воҳиди маъмурӣ дар ҳайати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 11 августи соли 1937 ташаккул ёфтааст.
{| class="wikitable"
|+Ҷадвали 2. Таҳаввулоти маъмурию ҳудудии Ванҷ (то соли 1878 – соли 1937)
!Марҳилаи таърихӣ
!Мақоми маъмурию ҳудудӣ
!Тобеияти давлатӣ/минтақавӣ
|-
|То соли 1878
|Мухторияти комил / Иттиҳод бо Дарвоз
|Идоракунии мустақил таҳти сарварии шоҳ
|-
|1878-1920
|Амлокдории Қалъаи Ванҷ
|Бекигарии Дарвоз, Аморати Бухоро
|-
|1920-1924
|Тумани Ванҷ
|Вилояти Ғарми Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро
|-
|1925-1926
|Ҷузъи тумани Қалъаихумб
|Вилояти Ғарми ҶМШС Тоҷикистон
|-
|1926-1930
|Волости Ванҷ
|Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
|-
|1930-1933
|Қисми ноҳияи Қалъаихумб
|Тобеияти бевоситаи ҶШС Тоҷикистон
|-
|29 майи 1933
|Ноҳияи Ванҷ (таъсиси мустақил)
|Тобеияти бевоситаи ҶШС Тоҷикистон
|-
|11 августи 1937
|Ноҳияи Ванҷ бо 6 деҳшӯро
|Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ)
|}
Дар нимаи солҳои 1950-ум сиёсати муҳоҷиркунонии аҳолии кӯҳистон ба водиҳои пахтакор ба Ванҷ низ бетаъсир намонд: соли 1954 сокинони водии Язғулом ба ноҳияи Куйбишеви водии Вахш кӯчонида шуданд. Гармои тоқатфарсо, беморшавии оммавӣ ва фавти зиёди кӯдакон ин муҳоҷиратро барои кӯчидагон фоҷиабор гардонд ва бахши зиёди онҳо тадриҷан ба зодгоҳи худ баргаштанд, ҳарчанд на ҳама; як ҷамоаи язғуломизабон то имрӯз дар водии Вахш боқӣ мондааст.<ref name="fn59">Из полевых записей середины прошлого века. Об экспедициях в язгулямский язык в 1950-х гг. (рус.) // Сомонаи Пажӯҳишгоҳи забоншиносии Академияи илмҳои Русия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn60">Язгулямский язык (рус.) // Экспедиции Московской школы полевой лингвистики. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn61">Астрономические знания язгулемцев (рус.) // Восток (Oriens). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Осори таърихӣ ==
Дар қаламрави Ванҷ мавзеъ, осор ва ёдгориҳои таърихии бисёр вуҷуд доранд, вале то ҳол таҳқиқоти шоистае дар ин росто анҷом наёфтааст. Тибқи омори соҳаи сайёҳии ВМКБ, дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ ба ҳолати соли 2024 15 ёдгории таърихию фарҳангӣ ба қайд гирифта шудааст.<ref name="fn62">Аз табиат ба санъати инсонӣ: 7 муъҷизаи нави ҷаҳонӣ номида шуд // Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30 марти 2024. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Барои дарки мантиқи ҷойгиршавӣ ва моҳияти ин осор, бояд заминаи таърихию сиёсии ташаккули онҳоро дарк намуд. Бино бар маълумоти таърихномаҳои асримиёнагӣ, дар садаҳои VII-VIII қаламрави кунунии Ванҷ ҷузъи вилояти таърихии Кумед буд, ки болооби дарёи Вахшро фаро гирифта, сарзамини имрӯзаи ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ва шимоли Бадахшонро дар бар мегирифт.<ref name="fn63">Таърихи Тоҷикистон // Википедиа. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Баъдтар, дар асрҳои миёна, Ванҷу Дарвоз як сарзамини воҳидро ташкил дода, бо номи ''«Курон»'' ёд мешуданд, ки маркази он деҳаи кунунии Кеврон будааст.<ref name="fn64">Таърихи шаҳр // Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Маҳз дар ин заминаи қадимии сиёсӣ, ки бо мустақилияти нисбии маҳаллӣ ва хатари доимии ҳуҷумҳои беруна тавсиф мешуд, эҳтиёҷ ба бунёди қалъаҳои мустаҳкам ба миён омад.
Пеш аз тавсифи муфассали Мушкетов, қадимтарин шаҳодати мустанади русиро дар бораи ин қалъа низ капитан Кузнецов дар гузориши соли 1892-и худ сабт кардааст. Ӯ зимни тавсифи амлокдории Ванҷ чунин навиштааст:
''«Ванчское амилякдарство расположено по р. Ванчъ и частью по правому берегу р. Пянджъ. Мѣстопребываніе амилякдара кишлакъ Кала-и-Рохарвъ (на нашихъ картахъ Кала-и-Ванчъ); имѣется небольшая крѣпостца.»''
Тарҷума: ''«Амлокдории Ванҷ дар канори дарёи Ванҷ ва қисман дар соҳили рости дарёи Панҷ ҷойгир аст. Маҳалли иқомати амлокдор рустои Қалъаи Рохарв аст (дар харитаҳои мо — Қалъаи Ванҷ); дар он қалъачаи хурде мавҷуд аст»''.<ref name="fn65">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 79.</ref>
Ин иттилои Кузнецов, ки бисту се сол пеш аз тавсифи муфассали Мушкетов сабт шудааст, собит месозад, ки номи ''«Қалъаи Ванҷ»'' барои Рохарв аллакай дар харитаҳои расмии охири асри XIX ба кор мерафт ва Рохарв аз ҳамон замон ҳамчун маркази маъмурии амлокдории Ванҷ шинохта мешуд.
Қалъаи Ванҷ дар баландии соҳили рости Ванҷоб, дар масофаи 15 км аз резишгоҳи он ба дарёи Панҷ воқеъ гашта буд. Мавқеъияти ин қалъа аз нигоҳи ҳарбию стратегӣ бисёр созгор будааст ва ба муҳофизонаш имкон медодааст, ки муддати тӯлонӣ аз худ дифоъ кунанд. Тавсифи илмии Рохарв ва қалъаи онро ҳанӯз соли 1916 узви Ҷамъияти ҷуғрофии Русия Д. И. Мушкетов интишор додааст.<ref name="fn5" /> Дар мақолаи худ, ки натиҷаи боздиди шахсии ӯст, Мушкетов мавқеи стратегии Рохарвро чунин тавсиф кардааст:
''«Административнымъ центромъ Ванча всегда былъ и есть базарный кишлакъ Рохаръ (или Рохарвъ) въ 40 дворовъ, расположенный на правомъ берегу рѣки, въ двадцати верстахъ выше ея устья, на высотѣ 5.950 футъ, у моста, ведущаго къ перевалу Гушхонъ, запирая собой, слѣдовательно, единственный конный путь на Язгулемъ, Рошанъ и Памиръ. Это важное стратегическое положеніе и было использовано древними правителями Ванча – «Шо», воздвигнувшими здѣсь крѣпость (Кала-и-Ванчъ) и избравшими ее для своей резиденціи.»''
Тарҷума: ''«Маркази маъмурии Ванҷ ҳамеша рустои бозории Рохар (ё Рохарв) буд ва то ҳол ҳамин аст – бо 40 хонавода, дар соҳили рости дарё, дар бисту версти болотар аз резишгоҳи он, дар баландии 5950 қадам, назди пуле, ки ба ағбаи Гушхон мебарад, ва бо ин васила ягона роҳи аспсаворро ба Язғулом, Рӯшон ва Помир мебандад. Маҳз ҳамин мавқеи муҳими стратегӣ буд, ки ҳокимони қадимии Ванҷ – «Шоҳ»-ҳо – истифода бурда, дар ин ҷо қалъа (Қалъаи Ванҷ) бино карданд ва онро барои худ қароргоҳ интихоб намуданд»''.<ref name="fn66">Мушкетов Д. И. Рохаръ (Кала-и-Ванчъ). --- Петроградъ: Типографія М. М. Стасюлевича, 1916. --- (Отдѣльный оттискъ изъ тома LII (1916 г.) Извѣстій Императорскаго Русскаго Географическаго Общества № 876). --- С. 7.</ref> Мушкетов инчунин интихоби маҳалли қалъаро аз нигоҳи амниятӣ шарҳ додааст:
''«Мѣсто выбрано весьма хорошо и удобно, на возвышеніи, съ котораго открытый видъ во всѣ стороны, и долина Ванча, какъ на ладони; рѣка отъ стѣнъ крѣпости въ 3 қулочяхъ, но для обезпеченности водоснабженія имѣлся къ ней подземный ходъ; невдалекѣ, на луговинѣ у рѣки, имѣется прудикъ, наполняемый ключемъ теплой, солоноватой воды, предоставляющій идеальное купанье.»''
Тарҷума: ''«Ҷой хеле хуб ва мувофиқ интихоб шудааст, дар баландие, ки аз он манзараи кушода ҳар тараф дида мешавад ва тамоми водии Ванҷ мисли кафи даст намоён аст; дарё аз деворҳои қалъа дар масофаи 3 қулочӣ ҷой дорад, вале барои таъмини бехатари обтаъминкунӣ роҳи зеризаминӣ ба он вуҷуд дошт; дар наздикӣ, дар марғзори лаби дарё, ҳавзчае ҳаст, ки аз чашмаи оби гарму намакини он пур мешавад ва барои шиноварии беҳамто мувофиқ аст»''.<ref name="fn66" /> Дар бораи сохти худи қалъа Мушкетов навиштааст:
''«Постройка, конечно, глинобитная, но довольно массивная, со стѣнами до 4 қулочей высотой, обнесенными съ трехъ сторонъ рвомъ, съ бойницами и пятью угловыми башнями. Внутреннія перегородки частью деревянныя, равно какъ и колонны, балки и двери, тонкой, старинной рѣзной работы.»''
Тарҷума: ''«Бино, албатта, гилину похсагин, валекин бисёр мустаҳкаму матин аст, бо деворҳои баланди чаҳорқулоча, ки аз се сӯйи он, хандақе бар гирди он кандаанд, бо тиркашҳову бурҷҳои панҷгонаи кунҷӣ. Деворҳои миёнгини дохилӣ, қисман, чӯбинанд, ҳамчунин, сутунҳову болорҳову дарҳои он, ки бо кандакории нафису куҳан оростаанд»''.<ref name="fn66" />
Мушкетов санаи боздиди худ ва оғози кашидани нақшаи қалъаро низ қайд кардааст: ''«Многое уже разрушено (мое посѣщеніе относится къ 11 іюля 1905 г.), но общее расположеніе еще сохранилось и я, пользуясь обстоятельными поясненіями почтеннаго шейха-токсабы Ванча, снялъ планъ всей крѣпости»'' (тарҷума: ''«Бисёр чиз аллакай хароб шудааст (боздиди ман ба 11 июли соли 1905 рост меояд), вале тартиби умумӣ то ҳол нигоҳ дошта шудааст ва ман, бо истифода аз тавзеҳоти муфассали шайх-тӯксабои эҳтиромноки Ванҷ, нақшаи тамоми қалъаро кашидам»'').<ref name="fn66" />
Нақшаи қалъа, ки Мушкетов кашидааст, 27 ҳуҷраву қисми қалъаро бо рақам нишон медиҳад, ки шарҳи онҳо чунин аст:<ref name="fn66" />
Ур - обдорхона
Дарвозахона – ҳуҷраи нигаҳбонону дарбонон
Ҳуҷраи навкарҳо
Бадарравхона – ҳоҷатхона
Долон – ҳавлии аспҳо
Ахтахона – оғилхона, ва болои он анборхонаи алаф
Пештоқ – гузаргоҳи пӯшида
Фаррошхона – ҳуҷраи сайисон
Пештоқи дуюм (баландии 3 қулоч)
Гулгунхона – ҳуҷраи пазириши меҳмонон
Ҳуҷраи худи шоҳ
Қӯрғон – сарбозхона (харобшуда)
Ғуломгардиш – долони мамониаткунандаи дидани занони дар боғ гардандагӣ
Ошхона – ошхона
Роҳрав – долон
Ғуломгард – гузаргоҳ ба қисми занона
Хазина – ҳуҷраи хазинадорӣ
Ҳаммом – ҳаммом
Пештоқи занона
Ҳуҷраи зани шоҳ – тобистона
Ҳуҷраи зани шоҳ – зимистона
Тӯпхона – манора
Рӯйи ҳавлӣ – ҳавлии пӯшида
Ҳарам (харобшуда)
Анборхона (болои ҳуҷраи 16)
Манора – ҳоло ҳуҷраи меҳмонон – меҳмонхона
Оғози роҳи зеризаминӣ ба сӯи дарё
Дар масофаи як версти болотари Рохар, дар канори роҳ, Мушкетов ду гӯри қадимиро низ ба қайд гирифтааст: ''«Въ верстѣ выше Рохара по долинѣ, около дороги, двѣ древнихъ гробницы съ фигурными стѣнами, имѣющими какое-то отношеніе къ крѣпости; интересно, что на могильномъ шестѣ, помимо обычныхъ куска матеріи и конскаго хвоста (на боковой перекладинѣ), сверху помѣщены изображенія сложенной руки (ладони) и голубя»'' (тарҷума: ''«Дар як версти болотар аз Рохар, дар паҳлӯи роҳ, ду гӯри қадимӣ бо деворҳои нақшдор ҳастанд, ки бо қалъа алоқаи муайяне доранд; ҷолиб ин аст, ки бар болои чӯби қабр, ба ғайр аз пораи матоъ ва думи асп (дар чӯби паҳлӯӣ)-и маъмулӣ, тасвири дасти гирдкардашуда (кафи даст) ва кабутар низ гузошта шудааст»'').<ref name="fn66" />
Ба ғайр аз ин, Мушкетов дар поварақи худ ёдовар шудааст, ки ягона роҳи воридшавӣ ба водӣ аз тарафи Панҷ низ бо қалъаи хурди дигаре мустаҳкам карда шуда буд: ''«Этотъ единственный выходъ кромѣ того очень искусно былъ загражденъ небольшой крѣпостцей, остатки которой еще видны на изолированномъ холмѣ въ устьѣ Ванча»'' (тарҷума: ''«Ин ягона баромадгоҳ аст, илова бар ин, хеле моҳирона бо қалъачаи хурде масдуд шуда буд, ки бақоёи он то ҳанӯз дар теппаи ҷудоуфтодаи резишгоҳи Ванҷ ҳувайдоанд»'').<ref name="fn67">Мушкетов Д. И. Рохаръ (Кала-и-Ванчъ). --- Петроградъ, 1916. --- Тавзеҳот, №4.</ref>
Тибқи мушоҳидаи ӯ, қалъа бевосита дар масири корвонрав ба сӯи ағбаи Гишхун қарор дошт, ки тавассути он роҳи корвонӣ ба водии Язғулом ва аз он ҷо ба самти баландкӯҳҳои Помир мерасид.<ref name="fn68">Долина реки Ванч // Свободный туризм (poxod.ru). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Пеш аз он ки Мушкетов худ соли 1905 аз қалъа боздид кунад, тавсифи мухтасартаре аз он – тахминан 13 сол пештар – аллакай ба қалами А. А. Семёнов тааллуқ дошт, ки соли 1898 шахсан аз қалъа дидан кардааст:
''«Въ низовьи р. Ванджа лежитъ самый значительный кишлакъ долины, Кал'аи-Ванджъ, или Кал'аи-Рохарвъ (крѣпость Ванджа, крѣпость Рохарвъ). Укрѣпленіе въ немъ до сихъ поръ на обрывистомъ берегу довольно хорошо сохранилось. Стѣны крѣпости–мѣстами глинобитныя, мѣстами сложены изъ кирпичей и камней. По бокамъ лицевой стороны крѣпости–двѣ полуразрушенныхъ зубчатыхъ башни.»''
Тарҷума: ''«Дар поёноби рӯди Ванҷ бузургтарин рустои водӣ ҷойгир аст – Қалъаи Ванҷ, ё Қалъаи Рохарв (қалъаи Ванҷ, қалъаи Рохарв). Истеҳкоми он то ба имрӯз дар соҳили баланди дарё нисбатан хуб нигоҳ дошта шудааст. Деворҳои қалъа ҷо-ҷо аз гил, ҷо-ҷо аз хишти пухтаву санг сохта шудаанд. Аз ду тарафи рӯи қалъа ду манораи нимвайрони дандонадор қарор доранд»''.<ref name="fn69">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 8.</ref> Муҳимтар аз ҳама, Семёнов санаи тахминии бунёди қалъа ва номи бинокори онро сабт кардааст – маълумоте, ки то кунун дар ягон манбаи дигари дастраси мақола наомадааст:
''«Крѣпость, по преданію, была построена лѣтъ двѣсти тому назадъ дарвазскимъ ханомъ, Азиз-Ханомъ, и, вѣроятно, не разъ служила хорошую службу ея защитникамъ во времена независимаго Дарваза. Теперь въ ней живетъ амлякдаръ (начальникъ округа) долины Вандж.»''
Тарҷума: ''«Қалъа, тибқи ривоят, тахминан дусад сол пеш аз ҷониби хони дарвозӣ – Азиз-Хон – бино ёфтааст ва эҳтимол, борҳо ба муҳофизони худ дар давраи истиқлолияти Дарвоз хидмати шоиста кардааст. Ҳоло дар он амлокдор (сарвари ноҳия, яъне шоҳ)-и водии Ванҷ зиндагӣ мекунад»''.<ref name="fn70">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 8--9.</ref> Азбаски китоб соли 1903 нашр шуда ва мушоҳидаи муаллиф соли 1898 сурат гирифтааст, ин ривоят санаи бунёди қалъаро тахминан ба солҳои 1698-1700 рабт медиҳад.
Семёнов инчунин ду навиштаи девории қалъаро айнан нусхабардорӣ кардааст: як байти форсӣ дар бораи гардиши бераҳмонаи рӯзгор, ва як ёдгории русии сайёҳони соли 1896 – ''«Прибылъ разъѣздъ 25 числа августа за старшаго общивкй Яковъ. Черновъ. и джигить Николай Каплун и перевочикъ Ашурбай. 1896 года»'' (тарҷума: ''«Гурӯҳи саворагон 25 августи соли 1896 омаданд: сардор Яков Чернов, ҷигит Николай Каплун ва тарҷумон Ашурбой»'').<ref name="fn70" />
Гумон меравад, ки дар тамоми ҳавзаҳои Бадахшон сукунати одамон ба як давраи таърихӣ мансуб будааст. Ёдгориҳои манзилӣ ва меъмориву мудофеавии асримиёнагии ғарби Бадахшон, ки дар деҳаи Баравни ҷамоати деҳоти Водхуд воқеанд ва аз ҷиҳати амнияти ҳарбӣ бисёр муносибу побарҷоянд, бо камоли таассуф, то кунун таҳқиқи шоиста нашудаанд.
Нақшу нигораҳои рӯйи харсангҳои водии Язғулом, ки дар деҳаҳои Жамаг, Андарбоғ ва Мотравн ба даст омадаанд, агарчи ҳанӯз комилан омӯхта нашудаанд, гувоҳи муътамаде аз ҳузури мардум ва сукунати онон аз замонҳои бостонӣ дар ин минтақа ҳастанд. Дар байни ин сангнигораҳо, ки ба навъи умумии петроглифҳои Помиру Бадахшон шабоҳат доранд, тасвири нахчир (бузи кӯҳӣ бо шохҳои калон), саҳнаҳои шикор бо камон, рамзҳои офтобӣ ва изи дасту пойи инсон бештар вомехӯранд; дар мифологияи мардумони эронитабор бузи кӯҳӣ рамзи покиву ҳосилхезӣ ва иртибот бо олами боло дониста мешавад.<ref name="fn62" />
Дар қаламрави Ванҷ, ба монанди дигар минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон, сағонаҳо ва дахмаҳои сангии куҳан низ аз насл ба насл боқӣ мондаанд, ки далели ошкори таърихи чандҳазорсолаи ин сарзамин мебошанд. Чунин иншооти дафнӣ, ки дар ҷойҳои махсуси сангӣ, дар баландиҳо ё ғорҳо бунёд меёфтанд, эҳтимолан боқимондаи анъанаҳои дафнии пешазисломӣ мебошанд; тибқи баъзе оинҳои қадими маҳаллӣ (аз ҷумла эътиқодоти наздик ба дини зардуштӣ), ҷасади фавтида набояд бо унсурҳои муқаддаси табиат – хок, об ё оташ – тамос мегирифт.<ref name="fn62" /> Ҳарчанд имрӯз тамоми аҳолии ноҳия мусулмони суннии ҳанафимазҳабанд ва расму оини дафни исломиро ба таври қатъӣ риоя мекунанд, мавҷудияти ин сағонаву дахмаҳо аз як давраи гузариши тӯлонии фарҳангӣ ва қабатҳои гуногуни динию эътиқодӣ дар минтақа хабар медиҳад.
Ёдгориҳои бостонии Помири Ғарбӣ, аз ҷумла мавзеъҳои қаламрави Ванҷ, дар силсилаи бунёдии ''«Харитаи бостоншиносии Тоҷикистон»'' – муҷаллади марбут ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки бостоншинос М. А. Бубнова таълиф намудааст ва ёдгориҳои давраи сангро то садаи XX фаро мегирад, – ба қайд гирифта шудаанд.<ref name="fn71">Бубнова М. А. Горно-Бадахшанская автономная область. Западный Памир (памятники каменного века --- XX в.). --- Душанбе, 2008. --- (Археологическая карта Таджикистана).</ref>
Илова бар ёдгориҳои меъморӣ ва дафнӣ, мероси беназири саноатии Ванҷ – боқимондаҳои кӯраҳои қадимии оҳангудозӣ (домнитсаҳо) – низ бахши муҳими осори таърихии ноҳия ба шумор мераванд. Тибқи маълумоти иқтисоддон И. Е. Ходоров, ки соли 1929 таҳлилҳои М. С. Андреевро дар бораи ин ҳунар тасдиқ ва иқтибос овардааст, дар боварҳои мардумии ванҷиён металли ҳосили ин кӯраҳо на танҳо арзиши истеҳсолӣ, балки хосияти шифобахш низ дошт: маҳсули онро ''«барои табобати ҳар гуна бемориҳо пешбинӣ карда, ба ҷойи дардманд мегузоштанд»''.<ref name="fn53" /> Ин боварҳо нишон медиҳанд, ки осори саноатии Ванҷ бо мероси ғайримоддӣ ва эътиқодоти мардумӣ пайванди зич доштааст, ва имрӯз боқимондаҳои ин кӯраҳо, харобаҳои коргоҳҳо ва партовҳои маъданӣ (шлакҳо) дар дараҳои Ванҷ метавонанд ҳамчун мавзеи нодири ''«бостоншиносии саноатӣ»'' мавриди пажӯҳиши минбаъда қарор гиранд.
Сарчашмаи аввалини сабти илмии ин ҳунар – 23 сол пеш аз рисолаи Андреев (1926) – низ ба Семёнов тааллуқ дорад:
''«Богатыя залежи желѣзной руды въ верховьяхъ р. Ванджа даютъ горцамъ Ванджской долины неисчерпаемый матеріалъ для различнаго рода желѣзныхъ издѣлій, которыя удовлетворяютъ самымъ разнообразнымъ требованіямъ домашняго обихода горныхъ таджиковъ и потому расходятся изъ этой огромной кузницы, какова долина Ванджа, по всему Дарвазу, Каратегину и Язгуляну, проникая даже въ отдаленные и трудно достижимые уголки Рошана, Шугнана и Вахана.»''
Тарҷума: ''«Захираҳои фаровони маъдани оҳан дар болооби рӯди Ванҷ ба кӯҳистониёни водии Ванҷ маводи беохири намудҳои гуногуни маснуъоти оҳанӣ медиҳанд, ки эҳтиёҷоти гуногуни рӯзгори тоҷикони кӯҳӣ қонеъ мегардонанд ва аз ин кӯрахонаи азим, яъне водии Ванҷ, ба тамоми Дарвозу Қаротегину Язғулом паҳн мешаванд, ҳатто ба гӯшаҳои дурдасту дастнораси Рӯшону Шуғнону Вахон низ ворид мегарданд»''.<ref name="fn72">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 62.</ref>
Семёнов инчунин номи мушаххаси деҳаеро сабт кардааст, ки дар он раванди коркарди оҳанро шахсан мушоҳида намудааст: ''«Самый способъ добыванія желѣза намъ пришлось наблюдать во кишлакѣ Сытаргъ, на Ванджѣ»'' (тарҷума: ''«Худи усули истихроҷи оҳанро мо тавонистем дар рустои Старғ, дар Ванҷ, мушоҳида кунем»'').<ref name="fn72" /> Ӯ ҳамчунин тавсифи мубодилаи тиҷоратии маснуоти оҳании Ванҷро бо минтақаҳои ҳамсоя овардааст: ''«Эти издѣлія находять большой сбыть на рынкахъ Кал'аи-Хума и въ сосѣднихъ долинахъ: Язгуляна и Оби-Хингоу, причемъ продажа на деньги совершается очень рѣдко; обыкновенно вещи мѣняются на тѣ, которыя необходимы таджикамъ Ванджа»'' (тарҷума: ''«Ин маснуъот дар бозорҳои Қалъаи Хум ва водиҳои ҳамсоя – Язғулому Оби Хингов – фурӯши хубе меёбанд, вале фурӯш ба пул хеле кам сурат мегирад; одатан молҳо ба он чизҳое иваз мешаванд, ки барои тоҷикони Ванҷ зарур аст»'').<ref name="fn73">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 64.</ref>
== Мардум ==
Аксарияти аҳолии ноҳия тоҷиконанд; инчунин теъдоди ангуштшумори русҳо ва намояндагони халқҳои дигар низ зиндагӣ мекунанд. Аҳолии ноҳия аз рӯи диёнат мусулмони суннии ҳанафимазҳабанд.<ref name="fn1" />
Мардумшиноси рус Л. Ф. Моногарова дар пажӯҳиши бунёдии худ доир ба таркиби қавмии ВМКБ, дар бораи гузаштаи қавмии ванҷиён чунин навиштааст:
''«В прошлом из припамирских народностей наиболее тесно соприкасались с горными таджиками ванчцы (правильнее ванджи), коренное население долины р. Ванч (Вандж), входившей в Бухарский эмират. Духовенство эмирата проводило насильственное обращение в суннизм всех, исповедовавших другую религию. Под влиянием суннитской идеологии у ванчцев изменились общественные и семейные взаимоотношения, моральные нормы, бытовой уклад в целом. Постепенное экономическое и культурное сближение ванчцев с таджиками привело к утрате ванчцами своего родного языка, замене его таджикским (ванчским или ванджским говором таджикского языка), а в конечном итоге к слиянию ванчцев с таджиками. Население остальных районов республики считает ванчцев таджиками. «Судя по некоторым признакам, „ванджский язык“, входя в северную подгруппу памирских языков, наиболее тесно примыкал к язгулемскому языку» [32, 131].»''
Тарҷума: ''«Дар гузашта, аз миёни халқиятҳои помирӣ, ванҷиён (дурусттараш — ванҷӣ), аҳолии бумии водии дарёи Ванҷ (Вандж), ки ҷузъи аморати Бухоро буд, бештар аз ҳама бо тоҷикони кӯҳистонӣ дар тамос буданд. Рӯҳониёни аморат нисбат ба ҳамаи пайравони дигар эътиқодҳо табдили ҷабрии мазҳаби суннӣ мегузарониданд. Таҳти таъсири мазҳаби суннӣ дар байни ванҷиён муносибатҳои ҷамъиятиву оилавӣ, меъёрҳои ахлоқӣ ва тарзи зиндагӣ дар маҷмуъ тағйир ёфтанд. Наздикшавии тадриҷии иқтисодиву фарҳангии ванҷиён бо тоҷикон боиси аз даст рафтани забони модарии ванҷиён гардид: он бо забони тоҷикӣ (гӯиши ванҷии забони тоҷикӣ) иваз шуд ва дар ниҳоят ба омезиши ванҷиён бо тоҷикон анҷомид. Аҳолии дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ ванҷиёнро тоҷик мешуморанд. «Бино бар баъзе аломатҳо, „забони ванҷӣ“, ки ба зершохаи шимолии забонҳои помирӣ дохил мешуд, аз ҳама наздиктар ба забони язғуломӣ буд» [32, 131].»''.<ref name="fn74">Моногарова Л. Ф. Этнический состав и этнические процессы в Горно-Бадахшанской автономной области Таджикской ССР // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 185–186.</ref>
Дар бораи мазорҳои муқаддаси эҳтиромшавандаи Ванҷ дар охири асри XIX, капитан Кузнецов чунин сабт кардааст:
''«Населеніе Дарвоза не отличается особой набожностью и имѣетъ весьма малое число молитвенныхъ домовъ–мечетей, по за то въ Дарвозѣ есть нѣсколько могилъ святыхъ, весьма почитаемыхъ жителями. Наибольшимъ почитаніемъ отличаются могилы: Хазретъ-и-Бурхъ на р. оби-Мазаръ, Пой-Мазаръ-Хазретъ-Садыръ-Сеибъ въ верховьяхъ р. Ванчъ и Ходжа-и-Миратбашъ-Султанъ-Сеидъ на сѣверномъ склонѣ Дарвозскихъ горъ, противъ кишлака Кальпъ.»''
Тарҷума: ''«Аҳолии Дарвоз бо диндории хосае фарқ намекунад ва шумораи хонаҳои ибодат — масҷидҳо — дар он хеле кам аст, вале дар ивазаш, дар Дарвоз якчанд мазори авлиё ҳаст, ки сокинон онҳоро сахт эҳтиром мекунанд. Бештарин эҳтиромро мазорҳои зерин доранд: Ҳазрати Бурх дар канори дарёи оби-Мазор, дар Пойи Мазор - ҳазрати Садр-соҳиб дар болооби дарёи Ванҷ ва Хоҷаи Муродбошӣ Султонсаъид дар нишеби шимолии кӯҳҳои Дарвоз, рӯ ба рӯи рустои Калп»''.<ref name="fn75">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 65.</ref>
Бар асоси омори саршумории саросарии Иттиҳоди Шӯравӣ аз соли 1939, аҳолии Ванҷ 9218 нафар буд: 9031 нафарашон ванҷиёни бумӣ, 134 нафар – рус, 6 нафар – тотор, 5 нафар – узбак ва 1 нафар – қазоқ.<ref name="fn76">Всесоюзная перепись населения 1939 года. Национальный состав населения районов, городов и крупных сёл союзных республик СССР: Ванчский район (рус.) // Демоскоп Weekly. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Бино ба омори соли 1979 аҳолии Ванҷ 15 855 нафар ва тибқи омори 1992 – 22 700 нафарро ташкил медод. Тибқи маълумоти расмӣ, соли 2009 дар ноҳия 30 700 нафар зиндагӣ мекард ва тамоми аҳолии он деҳотист.<ref name="fn3" /> Тибқи омори соли 2024 аҳолии Ванҷ ба 35 400 нафар расид. Бар асоси муқоисаи ин ду омор метавон чунин натиҷагирӣ кард, ки тайи 85 сол суръати миёнаи афзоиши солонаи аҳолии Ванҷ тақрибан 1,6 % будааст. Мардуми водии Язғулом ҳиссаи назарраси аҳолии ноҳияро ташкил медиҳанд.
Азбаски беш аз 90 дарсади масоҳати умумии ноҳия (4430,5 км²)-ро лозурҳо, қуллаҳои баландкӯҳ ва нишебиҳои санглохи корношоям фаро мегиранд, зичии расмии аҳолӣ (тақрибан 7,7-8 нафар дар як километри мураббаъ) манзараи воқеии ҷойгиршавии аҳолиро пурра инъикос намекунад – амалан тамоми сокинон дар як рахи танги қад-қади дарёҳои Ванҷобу Язғулом мутамарказ шудаанд.<ref name="fn3" /> Ин номутаносибии шадид миёни рушди табиии аҳолӣ ва маҳдудияти мутлақи заминҳои корам (соли 2012 ҳамагӣ 1381 гектар, баъдан бо азхудкунии заминҳои нав ба 2601 гектар расида)<ref name="fn3" /> яке аз сабабҳои асосии муҳоҷирати меҳнатии ноҳия маҳсуб мешавад (ниг. бахши ''«Муҳоҷирати меҳнатӣ»'').
{| class="wikitable"
|+Ҷадвали 3. Динамикаи шумораи аҳолӣ (ҳазор нафар), 1939-2013
!сол
!1939
!1979
!1992
!1995
!2000
!2002
!2003
!2004
!2005
!2006
!2007
!2008
!2009
!2011
!2012
!2013
|-
|шумора
|9,2
|15,9
|22,7
|28,4<ref name="fn47" />
|28,5<ref name="fn47" />
|28,3<ref name="fn47" />
|29,9<ref name="fn47" />
|30,1<ref name="fn47" />
|28,8<ref name="fn47" />
|30,3<ref name="fn47" />
|33,4<ref name="fn47" />
|29,7<ref name="fn47" />
|30,7<ref name="fn3" />
|30,8
|31,1
|31,3
|}
{| class="wikitable"
|+Ҷадвали 4. Динамикаи шумораи аҳолӣ (ҳазор нафар), 2014-2024
!сол
!2014
!2015
!2016
!2017
!2018
!2019
!2020
!2021
!2022
!2023
!2024
|-
|шумора
|31,7
|31,9
|32,4
|32,9
|33,6<ref name="fn77">Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2019 года. Сообщение Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан (рус.).</ref>
|34,1<ref name="fn77" />
|34,4<ref name="fn78">Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2020 года (рус.) // Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
|34,1
|34,4
|35,1
|35,4
|}
Барои солҳои 1995-2008 омори мазкур (арзиши ''«умумӣ»'', яъне аҳолии доимии сабтшуда) бар асоси таҳлили муфассали демографии Р. Масов ва Ҳ. Пирумшоев дар ''«Файзи истиқлол дар "Боми ҷаҳон"»'' (Душанбе, 2011, саҳ. 362-363) илова карда шуд. Барои солҳои 1992 ва 2009 бошад, бо мақсади нигоҳ доштани пайдарпаии рақамҳои аллакай сабтшуда аз сомонаи расмии badakhshon.tj, арзиши аслии қаблӣ боқӣ монд.
=== Фарҳанги моддӣ: либоси анъанавӣ ===
Дар шароити сарди кӯҳистони Ванҷу Бадахшон, дар гузашта истифодаи матоъҳои пашмину чармӣ бартарӣ дошт ва мероси бофандагии маҳаллӣ ба истеҳсоли матоъҳои худӣ бо рангҳои табиии гиёҳии кӯҳӣ асос меёфт.<ref name="fn79">Таҳқиқоти этнолингвистии лексикаи гӯйиши тоҷикони водии Ғорон // Диссертатсия. Санҷида шуд 24 июли 2026.</ref> Либоси занонаи суннатӣ асосан аз курта, эзор, пойафзол, сарбанд ва ороишоти гуногун иборат буд; таърихан ду намуди курта маъмул буд – куртаи якқади камартангу доманвасеъ, ки пиразанон мепӯшиданд, ва куртаҳои камзулчадор бо гиребони буғак (уфуқӣ буридашуда бо зеҳгулу гулдӯзӣ), ки духтарону арӯсон ба бар мекарданд.<ref name="fn80">Либоси миллии тоҷикон // Википедиа. Санҷида шуд 24 июли 2026.</ref> Дар минтақаи Бадахшон, аз ҷумла Ванҷу Язғулом, унсурҳои хоси либоси кӯҳистонӣ – тоқии мудаввар бо нақшҳои гулдӯзии дақику пӯпак ва ҷӯробҳои ғафси пашмин бо нақшҳои ҳандасии бисёрранг (нақши офтоб, шохи қӯчқор, чалипо ва ғайра) – то имрӯз аҳамияти худро гум накардаанд.<ref name="fn80" />
=== Фарҳанги моддӣ: манзил ва хоҷагии деҳот (тибқи маълумоти асри XIX) ===
Тавсифи қадимтарини хусусиятҳои хоси манзилу хоҷагии Ванҷ ба А. А. Семёнов (1898) тааллуқ дорад. Ӯ анборчаҳои хоси болои сутунро ба қайд гирифтааст: ''«На Ванджѣ и мѣстами по Пянджу встрѣчаются подъ хижинъ еще небольшіе, съ плоскими крышами, амбарчики (амбаръ) для хлѣба и разнаго скарба... они воткнуты надъ землею на четырехъ (подъ углами) камняхъ или столбахъ»'' (тарҷума: ''«Дар Ванҷ ва ҷо-ҷо дар Панҷ, наздики хонаҳо анборчаҳои хурди боми ҳамвор (амбор) барои нону дигар молу ашё вомехӯранд... онҳо болои замин, бар чор санг ё сутуни чоркунҷа гузошта шудаанд»'').<ref name="fn81">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 34.</ref>
Дар бораи нақшу нигори деворҳои хонаҳои Ванҷ низ маълумот овардааст: ''«По Сурхобу и Хингобу, Ванджу и Пянджу на стѣнахъ многихъ хижинъ попадаются и орнаменты въ видѣ пятенъ, различныхъ безпорядочныхъ линій или же въ видѣ дѣтски намалеванныхъ фантастическихъ деревьевъ»'' (тарҷума: ''«Дар канори Сурхобу Хингов, Ванҷу Панҷ дар деворҳои бисёр хонаҳо нақшу нигор ба шакли доғ, хатҳои бетартиби гуногун ё дарахтони хаёлии кӯдакона кашидашуда вомехӯранд»'').<ref name="fn82">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 36.</ref>
Хонаи тобистонаи хоси Ванҷ (''«чолёб»'') низ дар ин асар қайд шудааст: ''«По Ванджу и отчасти на Пянджу, кромѣ описанныхъ зимнихъ помѣщеній, встрѣчаются еще спеціальныя лѣтнія жилища (чолѣбъ), чего нѣтъ нигдѣ въ прочихъ мѣстахъ»'' (тарҷума: ''«Дар Ванҷ ва қисман дар Панҷ, ба ғайр аз хонаҳои зимистонаи тавсифшуда, боз хонаҳои махсуси тобистона (чолёб) вомехӯранд, ки дар ҷойҳои дигар вуҷуд надоранд»'').<ref name="fn83">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 44.</ref>
Ниҳоят, Семёнов камбизоатии заминҳои Ванҷ ва такягоҳи мардум ба дарахти туг (мевадиҳандаи табиъӣ)-ро тавсиф кардааст: ''«Мѣстами, какъ, напримѣръ, на Вахіо, на Ванджѣ и въ Дарвазъ по Пянджу, гдѣ природа бѣдна и преобладаетъ каменистая почва... существованіе населенія находится въ тѣсной зависимости отъ тута»'' (тарҷума: ''«Дар баъзе ҷойҳо, масалан дар Ваҳё, дар Ванҷ ва дар Дарвози канори Панҷ, ки табиат камбизоату хоки санглох бартарӣ дорад... мавҷудияти аҳолӣ ба тут вобастагии зич дорад»'').<ref name="fn84">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 56.</ref>
Дар ҳамин китоб, ду намунаи фолклори мардуми Ванҷ низ бори аввал сабт гардидаанд: масали ''«Инсон ва Мор»'' ва ҳикояи ''«Писари вазир»'', ки ҳарду аз забони як шахси мушаххас – Соҳибназар аз деҳаи Техарви болооби Ванҷ – навишта шудаанд: ''«Записано со словъ Сохиб-Назара, изъ кишлака Техарвъ, въ верховьяхъ р. Ванджа въ Дарвазѣ»'' (тарҷума: ''«Аз забони Соҳибназар, аз рустои Техарв, аз болооби рӯди Ванҷ дар Дарвоз, сабт шудааст»'').<ref name="fn85">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 99--100.</ref>
=== Расму оинҳои мотамӣ ===
Маросимҳои марбут ба давраҳои муҳими зиндагии инсон, аз ҷумла маросими мотаму дафн, дар Ванҷу Язғулом хусусиятҳои бениҳоят куҳан ва омехта аз эътиқодоти пешазисломию исломӣ (синкретӣ) то ба имрӯз нигоҳ доштаанд; ин расмҳо аз ҷониби мардумшиносони барҷаста, аз ҷумла М. С. Андреев, И. Л. Моногарова ва А. З. Розенфелд, мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд.<ref name="fn86">Расму оин ва анъанаҳо дар рӯзгори мардуми тоҷик мавқеи муҳим доранд // АМИТ «Ховар», сентябри 2017. Санҷида шуд 24 июли 2026.</ref> Дар ҷаҳонбинии мардуми кӯҳистон марг на анҷоми мутлақ, балки гузариш ба дунёи дигар ва оғози сафари нави рӯҳ дониста мешавад. Аз ҷумла, агар марҳум ҷавон бошад, барои гусели ӯ тобути махсусе бо матоъҳои равшану рангоранг (на сиёҳ) омода мекунанд, ки бо номи ''«гаҳвораи ноз»'' маъруф аст – ташбеҳи мустақими марг бо таваллуди дубора дар олами дигар, ки Розенфелд онро расми хеле куҳан ва боқимонда аз тасаввуроти бостонии мардуми ориёӣ арзёбӣ кардааст.<ref name="fn86" />
=== Айлоқравӣ ва расму оинҳои кишоварзӣ ===
Иқтисодиёти суннатии мардуми Ванҷ ба ду унсури ба ҳам вобаста – кишоварзӣ дар водиҳои танги поёнӣ ва чорводорӣ дар чарогоҳҳои баландкӯҳӣ – такя мекунад. Ҳар сол дар аввали тобистон, вақте ки заминҳои поёнӣ барои кишти ғалла, картошка ва сабзавот истифода мешаванд, раванди муҳоҷирати мавсимии подаи чорво ба чарогоҳҳои тобистонаи баландкӯҳ, ки бо номи ''«айлоқ»'' маъруф аст, оғоз мегардад.<ref name="fn86" /> Хусусияти ҷолиби ин кӯчиш дар он аст, ки қариб тамоми аҳли деҳа, бахусус занону кӯдакон, дар як рӯзи муайяншуда дастаҷамъӣ ба айлоқ мераванд, дар ҳоле ки қисме аз мардон дар деҳа мемонанд, то корҳои саҳроӣ ва обёрии заминро анҷом диҳанд.
Дар айлоқҳо занон тамоми тобистон машғули ҷӯшидани шир, тайёр кардани маска, равғани зард, дӯғу мосту тарфу ва қурут мешаванд.<ref name="fn86" />
== Забон ==
Мардуми Ванҷ бо гӯиши ванҷии забони тоҷикӣ сухан мегӯянд. Дар водии Язғулом бошад, яке аз забонҳои помирӣ – забони язғуломӣ роиҷ аст.
Лаҳҷаи ванҷии забони тоҷикӣ дар водии Ванҷ аз нимаи дуюми асри XIX густариш ёфта, забони бумии помириро, ки бо номи ванҷӣ маъруф буд, дар поёни ҳамин аср аз байн бурд. Забони ванҷӣ наздиктарин хеши забони язғуломӣ буда, ба гурӯҳи ''«шимолии»'' забонҳои помирӣ дар қатори язғуломӣ ва (эҳтимолан) саргуломӣ дохил мешуд. Мутахассисон аз байн рафтани онро ба охири асри XIX нисбат медиҳанд; мардумшиносон дар ибтидои асри XX аз ин забон танҳо чанд даҳ вожаро сабт карда тавонистаанд.<ref name="fn87">Памирские языки (рус.) // Лингвистический энциклопедический словарь. --- М.: Советская энциклопедия, 1990.</ref><ref name="fn88">Памирские языки (рус.) // Большая российская энциклопедия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Лаҳҷаҳои ванҷии забони тоҷикӣ мавзӯи таҳқиқи бунёдии эроншиноси рус А. З. Розенфелд гардидаанд, ки соли 1964 дар Ленинград монографияи махсуси ''«Ванджские говоры таджикского языка»''-ро дар ҳаҷми 151 саҳифа ба табъ расонидааст.<ref name="fn89">Розенфельд А. З. Ванджские говоры таджикского языка / ЛГУ им. А. А. Жданова. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- 151 с.</ref> Дар гуфтугӯи мардуми Ванҷ ҷӯйборҳои лозурӣ, ки деҳаҳо дар канораи онҳо бино ёфтаанд, ''«даргов»'' номида мешаванд; ба ақидаи Ҳ. Пирумшоев, ин вожа гунаи тағйирёфтаи ибораи ''«даргоҳи об»'' аст.<ref name="fn2" /> Аммо дуруст он аст, ки аслаш дарагоб/дараоб (обе ки аз дара меояд) аст, зеро дар форсии миёна "дара" "дараг" навишта ва талаффуз мешудааст. Тибқи фарзияи дигари забоншиносӣ, метавон решаи вожаи ''«дарғов»''-ро бо калимаи осетинии ''«dærg»'' (''«дароз»'') пайванд дод, яъне маънои аслии он ''«оби дароз»'' бошад.<ref name="fn164">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §50--52.</ref>
Тибқи таснифи Розенфелд, гӯишҳои ванҷӣ ҷузъи таркибии гӯишҳои дарвозӣ буда, якҷоя бо онҳо ба гурӯҳи васеътари гӯишҳои ҷанубу шарқии забони тоҷикӣ дохил мешаванд.<ref name="fn1562">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §59.</ref> Хусусияти муҳимтарини гӯишҳои дарвозиву-ванҷӣ – ҷобаҷогузории зарраи ''«ме-»''-и замони ҳозира-оянда аз аввали феъл ба охири он (миёни асос ва флексия) мебошад, ки дар ҳамаи гӯишҳои ин гурӯҳ, ба ғайр аз гӯиши болои Ванҷ, мушоҳида мешавад.<ref name="fn1572">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §60, §61.</ref> Аз миёни гӯишҳои дарвозӣ, ба гӯиши ванҷӣ аз ҳама наздиктар гӯиши ягидӣ (алалхусус ба зерлаҳҷаи водхудии поёни Ванҷ) ва гӯиши миёнаи дарвозиву-ваҳиёӣ (ба лаҳҷаи миёнаи Ванҷ) мебошанд.<ref name="fn158">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §62.</ref>
=== Лаҳҷаҳои дохилии гӯиши ванҷӣ ===
Розенфелд дар дохили гӯиши ванҷӣ се лаҳҷаи асосиро фарқ мекунад: лаҳҷаи поёни Ванҷ, лаҳҷаи миёнаи Ванҷ (ки онро боз лаҳҷаи ваҳиёиву-ванҷӣ низ меноманд) ва лаҳҷаи болои Ванҷ.<ref name="fn1512">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §54.</ref>
Лаҳҷаи поёни Ванҷ дар деҳаҳои соҳили рости дарёи Ванҷ (аз резишгоҳ ба боло) – Вскроғ, Бичхарвак, Рохарв (маркази ноҳия), Бовуд ва Одешт – ва дар соҳили чап – Дашти Роғ, Лангар, Гишхун ва Ғумаяк, инчунин дар деҳаҳои ҷамоати Водхуд роиҷ аст; аксарияти сокинони поёни Ванҷ ва Водхуд муҳоҷиронанд, ки бештарашон аз Дарвоз ва қисман аз болои Ванҷ ба ин ҷо кӯчидаанд.<ref name="fn1522">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §55, саҳ. 12.</ref> Дар дохили ин лаҳҷа ду зерлаҳҷа – водхудӣ ва гишхунӣ – фарқ карда мешаванд; барои зерлаҳҷаи водхудӣ лабиалишавии қавии садоноки ''«о»'', мавҷудияти зарфи ''«fru/fre»'' ба маънои ''«поён»'' ва истифодаи шакли дуюми замони ҳозира-ояндаи феъл дар шахсҳои якум ва саввуми танҳо бо флексияи ''«-a»'' (масалан, ''«gama»'', ''«ravama»'' ба ҷои шакли маъмули дарвозиву-ванҷии ''«game»'', ''«rave»'') хос аст.<ref name="fn1532">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §56, саҳ. 12.</ref>
Лаҳҷаи миёнаи Ванҷ (ваҳиёиву-ванҷӣ) аз деҳаи Бунай то деҳаҳои Доршир (дар соҳили рост) ва Гуҷовас (дар соҳили чап), то деҳаи болотарини водӣ – Поймазор – паҳн аст. Сокинони ин минтақаро ''«ваҳиёчиён»'' меноманд, зеро аксарашон муҳоҷироне мебошанд, ки аз водии Ваҳиёи Боло ба ин ҷо кӯчидаанд. Барои ин лаҳҷа мавҷудияти ҳамсадоҳои болофаринголии ''«ҳ»'' ва ''«айн»'', истифодаи пасванди ''«-ak»'' дар шахси саввуми танҳои замони гузашта (''«umadastak»'' – ''«ӯ омад»''), калимаи ''«oča»'' ба маънои ''«модар»'' (ба ҷои ''«muma»''-и роиҷ дар дигар лаҳҷаҳои ванҷӣ) ва номи ''«ruzan»'' барои равзанаи дуд хос аст; ин лаҳҷа аз рӯи аломатҳои зикршуда ба лаҳҷаи ваҳиёиву-дарвозӣ наздик мешавад.<ref name="fn1542">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §57, саҳ. 12.</ref>
Лаҳҷаи болои Ванҷ аз деҳаи Доршир то сарчашмаҳои дарёи Ванҷ – дар деҳаҳои Сетарғ, Мурғутга, Ван-Вани Боло ва Поён (соҳили рост) ва Гуҷовас, Гумаст, Рованд, Гармчашма, Сунгад (соҳили чап) – паҳн аст. Сокинони ин минтақа худро ''«ванҷиҳо»'' ё ''«ванҷиёни туптӣ»'' (яъне бумӣ) меноманд ва маҳз дар ҳамин лаҳҷа лексикаи бештар архаистӣ, аз ҷумла боқимондаҳои алоҳидаи забони куҳани ванҷӣ, то имрӯз нигоҳ дошта шудааст.<ref name="fn1552">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §58, саҳ. 12--13.</ref> Хусусияти муҳимтарини лаҳҷаи болои Ванҷ дар он аст, ки зарраи ''«ме-»'' дар аввали шакли феълӣ боқӣ мемонад ва ба охири он нагузашта; маҳз бо ҳамин аломат, ин лаҳҷа аз ҳамаи дигар гӯишҳои дарвозиву-ванҷӣ фарқ мекунад.<ref name="fn1572" />
Аз лиҳози овоӣ (фонетикӣ), гӯишҳои ванҷӣ бо паҳншавии васеи фонемаи ''«ə»'' (ки ба садонокҳои кӯтоҳи забони адабӣ рост меояд) ва мулоимшавии садоноки ''«ӯ»'' тавсиф мешаванд.<ref name="fn159">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §1--3, саҳ. 5--6.</ref> Далели дигари куҳансолии ин гӯишҳо паҳншавии васеи фонемаи ''«ж»'' аст, ки дар забони адабии тоҷикӣ танҳо дар се-чор калима боқӣ мондааст, ҳол он ки дар гӯишҳои ванҷӣ гурӯҳи назарраси калимаҳо бо ин ҳамсадо сабт шудаанд (масалан, ''«жег»'' – якрав, ''«жовидан»'' – ҷавидан).<ref name="fn160">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §15, саҳ. 6--7.</ref> Афтодани ҳамсадои ''«д»'' дар миёни калима, ки хоси гӯишҳои дарвозиву-ванҷист, ба сохти флексияи феълӣ низ таъсир расонидааст: дар замони гузашта шахси саввуми танҳо флексияи ''«-и»''-ро мегирад (масалан, ''«bbori»'' – ''«борид»''), шахси саввуми ҷамъ бошад – флексияи ''«-ин»''.<ref name="fn161">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §11.</ref>
Дар морфология, ҷамъбандии исм тавассути пасвандҳои ''«-о»'' (умумӣ), ''«-ун»'' (барои исмҳои ҷондор) ва ''«-гала»'' (барои гурӯҳи одамон) сурат мегирад.<ref name="fn1622">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §17.</ref>
Лексикаи гӯишҳои ванҷӣ, нисбат ба гӯишҳои дарвозӣ низ, дараҷаи баландтари архаизмро нишон медиҳад: дар он калимаҳое нигоҳ дошта шудаанд, ки дар забонҳои адабии тоҷикӣ ва форсӣ дигар истифода намешаванд, вале дар фарҳангҳои қадимӣ сабт гардидаанд (масалан, ''«кӯп»'' ба маънои ''«санг»'', ''«харсанг»'').<ref name="fn163">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §48.</ref> Илова бар қабати калони калимаҳои помирӣ, дар гӯишҳои ванҷӣ гурӯҳи калимаҳое низ ба назар мерасанд, ки бо забони яғнобӣ ва ҳатто бо забони бостонии осетинӣ (аз шохаи шимолии забонҳои эронӣ) муштараканд.<ref name="fn164" /> Дар ''«Феҳристи калимаҳои куҳани ванҷӣ»'', ки ҳамчун замима ба монография пайваст шудааст, Розенфелд бар пояи таҳлили лексикӣ ва фонетикӣ ба хулосае мерасад, ки забони куҳани ванҷӣ ба гурӯҳи шуғнонию рӯшонии забонҳои помирӣ тааллуқ доштааст.<ref name="fn165">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- Замимаи «Феҳристи калимаҳои куҳани ванҷӣ».</ref>
Бархе донишмандони рус, монанди И. И. Зарубин, А. З. Розенфелд ва дигарон, назарияеро дар бораи вуҷуди куҳанзабони ванҷӣ (русӣ: старованджский язык) ироя кардаанд, ки тибқи он ин забон тақрибан дусад сол пеш аз байн рафта, гӯиши кунунии ванҷӣ ҷойгузинаш шудааст. И. И. Зарубин дар ин маврид мегӯяд:
"Забони куҳнаи ванҷӣ дар водии Ванҷ (шохоби рости Панҷ) ва саргуломӣ дар болооби дарёи Саргулом, дар шарқи вилояти Файзободи Афғонистон ривоҷ дошт. Тақрибан дусад сол пеш лаҳҷаҳои тоҷикӣ ҷои онҳоро гирифтанд".
Забоншинос Т. Н. Пахалина дар баррасии муқоисавии забонҳои помирӣ, забони ванҷиро дар силсилаи забонҳои помирӣ чунин ҷой додааст:
''«Ванджский язык, известный в настоящее время по небольшому количеству слов, зафиксированных в 1924 г. И. И. Зарубиным [6], а позднее — А. З. Розенфельд [28; 29] (в прошлом был распространен в долине Ванджа — правого притока Пянджа).»''
Тарҷума: ''«Забони ванҷӣ, ки имрӯз танҳо бо шумораи ками вожаҳо маълум аст ва соли 1924 аз ҷониби И. И. Зарубин ва баъдтар аз ҷониби А. З. Розенфелд сабт шудааст (дар гузашта дар водии Ванҷ — шохоби рости Панҷ — роиҷ буд).»''.<ref name="fn90">Пахалина Т. Н. Сравнительный обзор памирских языков // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 222.</ref>
Шаҳодати дигаре дар бораи фарҷоми ин забон дар мақолаи Т. Г. Абаева дар бораи пажӯҳишҳои А. В. Станишевский омадааст:
''«Укором в адрес лингвистов звучало сообщение о том, что в долине Ванча недавно умерли последние старики, владевшие ванчским языком.»''
Тарҷума: ''«Хабаре барои забоншиносон ҳамчун сарзаниш садо дод ва он ҳам дар бораи он, ки дар водии Ванҷ, ба наздикӣ пиронсолони охироне, ки забони куҳнаванҷиро медонистанд, аз дунё гузаштанд.»''.<ref name="fn91">Абаева Т. Г. Исследования А. В. Станишевского (Азиза Ниалло) о Памире // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 290.</ref>
Забони язғуломӣ, ки дар шаш деҳаи ҷамоати Язғулом ба кор меравад, забони бехат аст ва шумораи гӯяндагонаш тақрибан 3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад; аксари язғуломиён дузабонаанд ва забони тоҷикиро низ медонанд.<ref name="fn92">Язгулямский язык (рус.) // Лингвистический энциклопедический словарь. --- М.: Советская энциклопедия, 1990.</ref><ref name="fn93">Язгулямский язык (рус.) // Большая российская энциклопедия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Таҳқиқи бунёдии ин забон ба қалами эроншиноси маъруф Д. И. Эделман тааллуқ дорад, ки соли 1966 дар Маскав монографияи ''«Забони язғуломӣ»''-ро ба табъ расонидааст.<ref name="fn94">Эдельман Д. И. Язгулямский язык. --- М.: Наука, 1966.</ref> Пас аз муҳоҷирати соли 1954 бахше аз язғуломизабонон дар ноҳияи Куйбишеви водии Вахш низ сокин шуданд ва забони язғуломӣ то кунун дар он ҷо низ ба кор меравад.<ref name="fn60" />
Дар ''«Атласи забонҳои дар хатар қарордоштаи ҷаҳон»''-и ЮНЕСКО (таҳти таҳрири Кристофер Мозли, соли 2010), забони язғуломӣ ба зумраи забонҳои осебпазир (Vulnerable) дохил гардидааст.<ref name="fn95">Moseley Chr. (ed.) Atlas of the World\\\'s Languages in Danger. --- 3rd ed. --- Paris: UNESCO Publishing, 2010.</ref> Тибқи ҳамин Атлас, аз 15 забони дар хатар қарордоштаи Осиёи Марказӣ, 11-тояш дар Тоҷикистон, бештараш дар ҳудуди ВМКБ, роиҷ аст.<ref name="fn96">UNESCO publishes atlas of the world\\\'s languages in danger (англ.) // Тоҷикистон Ньюз Азия-Плюс, 29 июни 2017. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Пажӯҳиши ҷомеашиносии забонии Д. Пол, Э. Аббесс, К. Мюллер, К. Тиссен ва Г. Тиссен нишон медиҳад, ки муносибати сокинони водии Язғулом ба ҳарду забон – язғуломӣ ва тоҷикӣ – мусбат аст: забони модарӣ дар зиндагии рӯзмарра пурқувват боқӣ монда, ҳеҷ нишонае аз ҷойивазкунии он бо забони тоҷикӣ мушоҳида намешавад, ҳарчанд забони тоҷикиро низ дар баъзе ҳавзаҳо муфид медонанд.<ref name="fn97">Paul D., Abbess E., Müller K., Tiessen C., Tiessen G. Language Access and Tajik Language Proficiency among the Yazghulami of Tajikistan. --- SIL International, 2010.</ref> Дар пойгоҳи байналмилалии таснифи забонҳо ''«Глоттолог»'' забони куҳани ванҷӣ бо рамзи ''«oldw1238»'' ва забони язғуломӣ бо рамзи ''«yazg1240»'' сабт шудаанд.<ref name="fn98">Glottolog 5.0, коди «oldw1238» (забони куҳани ванҷӣ) ва «yazg1240» (забони язғуломӣ).</ref>
== Бахшбандӣ ==
Бар асоси Қонуни тақсимоти маъмурию ҳудудии кишвар, ноҳияи Ванҷ аз 1 шаҳрак (Ванҷ) ва 6 ҷамоат иборат аст:<ref name="fn99">Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. --- Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013. --- 332 с.</ref>
{| class="wikitable"
|+Ҷадвали 5. Ҷамоатҳои ноҳияи Ванҷ
!Ҷамоат
!Аҳолӣ (нафар)
!Деҳаҳо
|-
|ба номи Маҳмадулло Абдуллоев
|10 983
|Бичхарв, Бодалд, Ускроғ, Роғ, Дашти Роғ, Панҷшанбеобод, Убари Даргов, Рохарв, Гушхун, Ғумаяк, Бовуд, Одешт, Ҷангали Зуго
|-
|Водхуд
|2178
|Пшихарв, Даштак, Лугад, Бунига, Узбай, Лахш, Баравн, Баравни Таг, Баравни Тор, Ваҳдат, Вравз
|-
|Ҷовидон
|4201
|Бунай, Рав, Жовуд, Потов, Арнавад, Убго
|-
|Рованд
|5573
|Ширговад, Ғиҷоваст, Мудеҳарв, Вишхарвак, Старғ, Ғӯмас, Мурғутга, Рованд, Гармчашма, Ван-Ван, Сунгад, Поймазор
|-
|Техарв
|3401
|Гич, Садвадг, Сед, Шаврӯ, Техарв, Чихох, Удоб, Равгада
|-
|Язғулом
|6065
|Мотравн, Вишхарв, Будун, Шавуд, Андарбоғ, Жамаг
|}
Дар санадҳои расмии солҳои охир ҷамоати марказии ноҳия бо номи ''«деҳоти Маҳмадулло Абдуллоев»'' зикр мегардад.<ref name="fn4" />
Барои муқоиса, тибқи гузориши капитан Кузнецов, дар соли 1892 бекигарии Дарвоз (ки Ванҷ ҷузъи он буд) ба 11 амлокдорӣ тақсим мешуд:
''«Въ административномъ отношеніи Дарвозское бекство дѣлится на 11 амилякдарствъ: Чиль-Даринское, Тавиль-Даринское, Сагри-Даштское, Кала-и-Хумбское, Шикайское, Куфское, Хагонское, Май-Майское, Джумарчское, Ванчское, Вахія-болё и два особыхъ отдѣла–Язгулемскій и Тангъ-Шивскій.»''
Тарҷума: ''«Аз ҷиҳати маъмурӣ, бекигарии Дарвоз ба 11 амлокдорӣ тақсим мешавад: Чилдарин, Тавилдарин, Сағридашт, Қалъаи Хумб, Шикай, Куф, Ҳагон (Деҳхагон), Моймай, Ҷумарҷ, Ванҷ, Вахиёи Боло ва ду шӯъбаи алоҳида — Язғулом ва Тангшив»''.<ref name="fn100">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 68.</ref>
Аз ин тақсимот бармеояд, ки Ванҷ дар соли 1892 аллакай ҳамчун амлокдории алоҳида, ва Язғулом ҳамчун шӯъбаи ниммустақилу ба таври алоҳида идорашаванда фарқ карда мешуданд — падидае, ки то андозае бо бахшбандии имрӯзаи ноҳия, ки дар он Язғулом ҷамоати алоҳида аст, монандӣ дорад.
Тақрибан ҳаштод сол пас аз гузориши Кузнецов, забоншинос Д. И. Эделман, бар пояи маводи саҳроии худ ва пажӯҳиши А. З. Розенфелд, рӯйхати муфассали рустоҳои Ванҷро чунин овардааст:
''«Население Ванджа ныне говорит по-таджикски, хотя сравнительно недавно здесь еще бытовал ванджский язык, принадлежавший к памирской группе языков. Названия кишлаков по течению Пянджа: Даштак, Узбай, Лахш, Варавз, Лангарак, Бараун, Водхуд; по Ванджу: Бич-харвак, Рог, Лангар, Гишхун, Рохарв (официально Ванч), Гумаяк, Одешт, Бунай, Потоу, Жовид, Чихох, Сед, Техарв, Гуджовас, Ширговат, Доршир, Гумаст, Сетарг, Рованд, Мургытга, Сунгад, Ван-Ван, Поймазор.»''
Тарҷума: ''«Аҳолии Ванҷ имрӯз бо забони тоҷикӣ гуфтугӯ мекунад, ҳарчанд то ба ҳамин наздикӣ, дар ин ҷо, ҳанӯз, забони куҳнванҷӣ роиҷ буд, ки ба гурӯҳи забонҳои помирӣ тааллуқ дошт. Номҳои рустоҳо дар масири Панҷ: Даштак, Взбай, Лахш, Вароваз, Лангарак, Баравн, Водхуд; дар масири Ванҷ: Бичхарвак, Роғ, Лангар, Гишхун, Рохарв (расман Ванҷ), Ғумаяк, Одешт, Бунай, Потов, Жовид, Чхох, Сед, Техарв, Ғҷовас, Шрговад, Дуршер, Ғӯмас, Старғ, Рованд, Мурғтга, Смгад, Ван-Ван, Поймазор.»''.<ref name="fn101">Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 50.</ref>
== Хоҷагидорӣ ==
Соҳаҳои асосии хоҷагидории ноҳия ғаллакорӣ, чорводорӣ, боғдорӣ ва сабзавоткорист; дар замони шӯравӣ тамокукорӣ низ соҳаи асосӣ буд. Соли 1939 дар тамоми ВМКБ 123 колхоз мавҷуд буд, аз ҷумла дар Ванҷ 30 колхоз таъсис дода буданд.
Водии Водхуд аз қадим бо ҳосилхезии замин ва фаровонии тути худ ном баровардааст: захираи ғалла ва меваи хушки ин мавзеъ (тут, зардолу, себ) на танҳо сокинони маҳаллӣ, балки деҳоти камзамини ҳамсояро низ аз танқисӣ мераҳонд ва ибораи мардумии ''«тути Водхуд пухт, имсол ҳам ҷон ба саломат бурдем»'' аз ҳамин воқеият бармеояд.<ref name="fn2" />
Дар ноҳия 53 хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд аст. Майдони умумии заминҳои хоҷагӣ 14 417 гектар аст, аз ҷумла заминҳои корам – 1381 гектар (2012), чарогоҳҳо – 1219 гектар, боғҳо – 734 гектар. Тибқи омори соли 2012 дар ноҳияи Ванҷ 2478 тонна ғалла, 1924 тонна гӯшт, 1 млн дона тухм, 3742 тонна шир, 157 тонна чормағз, 6353 тонна сабзавот ва 11 295 тонна картошка ба даст омад. Бар асоси омори соли 2011, шумораи чорво дар хоҷагиҳо чунин буд: гов – 15 234 сар, гӯсфанду буз – 32 498 сар.
Дар давоми даҳсолаи охир сохтори хоҷагидории ноҳия ба таври куллӣ дигаргун шуд: ба ҷои 53 хоҷагии деҳқонии соли 2012, имрӯз 14 ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ 120 хоҷагии инфиродиро бо фарогирии 3217 саҳмдор муттаҳид месозад.<ref name="fn102">Ванҷ. Рушди соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Майдони умумии заминҳои корам ба 2601 гектар расидааст, ки аз он бештар аз 1080 гектарро боғҳои мевадиҳанда ташкил медиҳанд; танҳо дар бист соли охир 282 гектар замини нав аз худ карда шудааст.<ref name="fn103">Дар ноҳияи Ванҷ соҳаи боғпарварӣ рушд меёбад // АМИТ «Ховар», 18 ноябри 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Тибқи таҳлилҳои муқоисавӣ, дар зарфи се даҳсолаи охир истеҳсоли ғалладонагиҳо тақрибан 6 баробар, картошка 8 баробар, сабзавот 16 баробар ва мева 42 баробар афзудааст.<ref name="fn104">Ванҷ. Ҷашни истиқлол мондагор хоҳад буд // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Танҳо то охири моҳи октябри соли 2025 аз боғоти ноҳия 2205 тонна меваи тару тозаву хушк ба бозорҳои хориҷӣ ва шаҳрҳои калони ҷумҳурӣ содирот гардид,<ref name="fn103" /> ва моҳи августи соли 2023 кишоварзони ноҳия дар ярмаркаи Боғи ''«Куруши Кабир»''-и Душанбе зиёда аз 13 тонна маҳсулоти тару тоза ба сокинони пойтахт пешниҳод карданд.<ref name="fn105">Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби кишоварзони ноҳияи Ванҷ // АМИТ «Ховар», августи 2023. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Аз соли 2009, вақте ки дар ноҳия аввалин ду гармхонаи намунавӣ ба кор дароварда шуданд,<ref name="fn106">Дар Ванҷ гармхонаҳо ба кор даромаданд // АМИТ «Ховар», августи 2009. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> технологияи гармхонагӣ дар қисматҳои поёнии ноҳия паҳн шудааст. Дар давраи охир, дар ҳамкорӣ бо мутахассисони минтақаи илмӣ-таҷрибавии ''«Ҷангали Зуго»''-и Институти биологии Помир, соҳибкор Ҳайдар Фаёзов аз деҳаи Гишхун дар ноҳия парвариши озмоишии лимӯ ва дигар меваҳои ситрусиро оғоз кард – навъе, ки то ҳол дар ВМКБ танҳо хоси баъзе минтақаҳои ноҳияи Дарвоз буд.<ref name="fn107">Ванҷ. Авлавият ба рушди лимӯпарварӣ // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Чорводорӣ ва занбӯриасалпарварӣ ===
Дар муқоиса бо давраи пеш аз истиқлол, дар ноҳия саршумори чорвои калону майда дар маҷмуъ 2 баробар, истеҳсоли гӯшт 4 баробар ва истеҳсоли тухм 31 баробар афзудааст.<ref name="fn104" /> Тибқи омори соли 2023, саршумори чорвои калони шохдор ба 17 135 сар (нисбат ба 15 234 сар дар соли 2011) ва моли майда (гӯсфанду буз) ба 41 000 сар (нисбат ба 32 498 сар) расидааст; ҳамчунин дар хоҷагиҳои ноҳия 41 350 сари парранда ва 1082 оилаи занбӯри асал ба қайд гирифта шудааст.<ref name="fn104" /><ref name="fn102" /> Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди занбӯриасалпарвариро яке аз воситаҳои пасткунандаи камбизоатӣ ва таъминкунандаи шуғли деҳот муайян кардааст.
Сарватҳои зеризаминии ноҳия: пахтасанги кӯҳӣ (асбест), молибден, мармар ва ғайра; инчунин конҳои никел, оҳансанг ва оҳак мавҷуданд.
=== Муҳоҷирати меҳнатӣ ===
Мисли аксари минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон, иқтисодиёти хонаводаҳои Ванҷ ба таври назаррас аз муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳаволапулиҳо вобаста аст. Тибқи арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ аз моҳи ноябри соли 2025, ҳаволапулиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ беш аз 30 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд ва, гарчанде вобастагӣ ба ин маблағҳо сатҳи камбизоатиро коҳиш додааст, нобаробарии даромад (нишондиҳандаи Гини) аз 32 то 38 дар байни солҳои 2021 ва 2023 афзудааст; ВМКБ дар қатори минтақаҳое зикр шудааст, ки бо маҳдудиятҳои шадиди ҷуғрофиву иқлимӣ рӯбарӯянд.<ref name="fn108">Tajikistan Poverty and Equity Assessment (англ.) // Бонки Ҷаҳонӣ, ноябри 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Пажӯҳиши умумимиллии соҳаи тандурустӣ доир ба муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон нишон додааст, ки дар байни панҷ минтақаи кишвар (Душанбе, ВМКБ, Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ), ҳиссаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар аҳолии ВМКБ (49,59 фоиз аз намунаи пажӯҳишӣ) назар ба дигар минтақаҳо (камтар аз 32 фоиз) хеле баландтар будааст.<ref name="fn109">Inclusion of Labor Migrants as a Potential Key Population for HIV: A Nationwide Study from Tajikistan (англ.) // PMC/NCBI. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар маҷмуи умумимиллӣ, беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон ҳарсола барои кор ба Русия мераванд; ҳаволапулиҳо дар соли 2013 қариб нисфи маҷмуи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медоданд, ки то соли 2018 ба тақрибан 30 фоиз (2,2 миллиард доллари ИМА) коҳиш ёфт.<ref name="fn110">Dependent on Remittances, Tajikistan\\\'s Long-Term Prospects for Economic Growth and Poverty Reduction Remain Dim (англ.) // Migration Policy Institute. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Саноат ===
Дар ноҳия корхонаҳои хурди саноатӣ – сехи чӯҷабарорӣ, заводи хишти ''«Лугад»'', ҶДММ ''«Хрустал»'' – фаъолият доранд. Дар Ванҷ бозорҳои марказӣ ва марзӣ низ амал мекунанд.
25 июни соли 2025 дар ноҳия корхонаи истеҳсоли калсит, коркарди мармар ва сангҳои ороишии ҶСК ''«Мармар Стоун»'' ба кор шурӯъ кард, ки иқтидори солонаи он 40 ҳазор тонна маҳсулот буда, 40 сокини маҳаллиро бо ҷои кори доимӣ таъмин намудааст. Корхона чор хатти истеҳсолӣ дорад ва дар он беш аз 20 навъи санги табиӣ коркард мешавад; иқтидори истеҳсоли тахтасангҳои ороишӣ (мозаика) 10 ҳазор м³ ва коркарди санги мармар 160 ҳазор м³ дар як солро ташкил медиҳад.<ref name="fn111">Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ аз Ванҷ оғоз шуд. Президент дар ин ноҳия кадом иншоотро ба истифода дод? // Asia-Plus, 25 июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn112">Ифтитоҳи корхонаҳои истеҳсоли калсит, коркарди мармар ва сангҳои ороишии ҶСК «Мармар Стоун» дар ноҳияи Ванҷ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
Дар ҳамон рӯз Парки саноатии ноҳия мавриди истифода қарор гирифт, ки дар масоҳати 788 м² ҷойгир буда, 6 корхонаи хурди истеҳсолиро фаро мегирад: истеҳсоли макарон, бандубасти маҳсулоти лӯбиёгӣ, коркарди равғани чормағз, коркард ва бандубасти меваи хушк, истеҳсоли собун ва дару тирезаҳои пластикӣ. Фаъолияти парк дар маҷмуъ 36 сокини маҳаллиро бо кор таъмин мекунад.<ref name="fn111" /><ref name="fn113">Ифтитоҳи Парки саноатии ноҳияи Ванҷ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
Дар доираи ҳамин парк, инчунин корхонаи коркарди равғани ангат (Hippophae rhamnoides) – растании шифобахши худрӯй, ки дар қад-қади дарёҳои ноҳия фаровон мерӯяд – ба кор шурӯъ кардааст; иқтидори он то 500 килограмм равғани холис дар як сол буда, аз ин ашё то 12 навъи маҳсулоти фармасевтию косметологӣ омода карда мешавад.<ref name="fn114">Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ // Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ, июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Пеш аз таъсиси ин корхона, дар деҳаи Ғуҷоваст соҳибкорзан Васила Ғафурова коргоҳи хурди коркарди ангатро таъсис дода буд, ки маводи он берун аз ноҳия низ харидор пайдо кардааст.<ref name="fn111" /> Барои дастгирии соҳибкории хурду миёна дар солҳои 2018-2019 ба соҳибкорони ноҳия зиёда аз 6,5 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шудааст.<ref name="fn115">Сафарҳои дохилӣ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Энергетика ===
Дар Ванҷ чандин неругоҳи хурди барқи обӣ (НБО) фаъолият мекунад. Аз ҷумла, НБО-и ''«Техарв»'' дар дарёи Ванҷ бо иқтидори 400 кВт таҷдид гардида, ба шабакаи ягонаи барқи кишвар пайваст карда шудааст; НБО-и ''«Андарбак»'' дар водии Язғулом ба шабакаи ширкати ''«Помир Энерҷӣ»'' пайваст аст.<ref name="fn116">Реконструкция МГЭС Техарв на реке Ванч мощностью 400 кВт в Ванчском районе Горно-Бадахшанской автономной области (рус.) // CAWater-Info. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Таҳлилҳои соли 2021 нишон дода буданд, ки шабакаҳои барқии ноҳия ҳамагӣ 2,6 мегаватт барқ истеҳсол мекунанд, дар ҳоле ки барои фаъолияти пуриқтидори корхонаҳои нави саноати кӯҳӣ (ба мисли ''«Мармар Стоун»'') беш аз 5,6 мегаватт лозим буд.<ref name="fn117">Имсол дар Ванҷ дар 15 гектар боғи нав бунёд карда шуд // АМИТ «Ховар», июли 2021. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Моҳи июни соли 2025 хатти интиқоли барқи дузанҷираи 35 ва 110-киловолтаи Хоруғ-Рӯшон бо дарозии 67,5 км ва зеристгоҳи ''«Ҷангал»'' ба маблағи умумии 114 миллион сомонӣ ба истифода дода шуд, ки интиқоли муназзами неруи барқро ба ноҳияҳои Рӯшон, Ванҷ ва Дарвоз ба маротиб беҳтар мегардонад; ҳамзамон сохтмони хатти 42-километраи интиқоли барқи 110-киловолта аз маркази ноҳияи Рӯшон то зеристгоҳи ''«Вознавд»'' оғоз ёфт, ки ба истифода додани он дар нимсолаи аввали соли 2026 пешбинӣ шудааст.<ref name="fn118">Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон // АМИТ «Ховар», июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Нақлиёт ===
Нақлиёти ноҳия асосан автомобилист; як фурудгоҳи хурд ҳам дар шаҳраки Ванҷ (Рохарв) вуҷуд дорад. Қаламрави ғарбии ноҳия дар масири шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Мурғоб-Қулма қарор дорад; лоиҳаи таъмиру таҷдиди қитъаи ин шоҳроҳ аз Қалъаихумб то Ванҷ ва сарҳади ноҳияи Рӯшон арзиши умумии 2,5 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки то имрӯз корҳо ба маблағи 900 миллион сомонӣ анҷом ёфтаанд.<ref name="fn119">Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ванҷ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> 25 июни соли 2025 роҳи мошингарди маркази ноҳия то нуқтаи пайвастшавӣ ба ин шоҳроҳ, иборат аз ду хатти ҳаракат бо дарозии умумии 16 км, пас аз таҷдид ба истифода дода шуд; дар дарозои роҳ истгоҳҳои нақлиётӣ ва гузаргоҳҳо барои пиёдагардон бунёд гардидаанд.<ref name="fn111" /><ref name="fn120">Ифтитоҳи роҳи маркази ноҳияи Ванҷ то нуқтаи пайвастшавӣ ба шоҳроҳи Душанбе--Кулма // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
23 июни соли 2025 ширкати ҳавопаймоии ''«Тоҷик Эйр»'' пас аз ёздаҳ соли танаффус (парвози охирин соли 2014 сурат гирифта буд) хатсайри ҳавоии Душанбе-Ванҷ-Душанберо аз нав кушод: парвози нахустин бо 15 мусофир анҷом ёфт. Парвоз дар ин масир 50 дақиқа тӯл кашида, тибқи ҷадвал ҳафтае як маротиба, рӯзҳои ҷумъа, бо ҳавопаймои Ан-28 иҷро мешавад ва нархи чипта дар як самт 750 сомонӣ муайян гардидааст.<ref name="fn121">Оғози парвози ҳавопаймоӣ миёни Душанбе ва Ванҷ. Аввалин парвоз кай ва нархи чипта чанд аст? // Asia-Plus, июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn122">Пас аз 11 сол. Аввалин парвози ҳавопаймо дар масири Душанбе-Ванҷ-Душанбе анҷом ёфт // Asia-Plus, 23 июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар доираи татбиқи ''«Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»'' (қабулшуда 28 июни соли 2024), 24 феврали соли 2026 дар шафати роҳҳои мошингарди ноҳияи Ванҷ беш аз 2000 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва сояафкану мевадиҳанда шинонида шуд.<ref name="fn123">ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳҳои мошингарди Ванҷ беш аз 2000 бех ниҳол шинонида шуд // АМИТ «Ховар», 24 феврали 2026. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Фарҳангу маориф ==
Пеш аз инқилоб аҳолии маҳаллии Ванҷ дар масҷидҳо ва хонаҳои муллоён хатту савод меомӯхтанд ва на ҳама ақшори мардум фурсат ва имкони саводомӯзӣ доштанд. Аз ин рӯ нисбати саводнокӣ дар миёни онҳо хеле паст буд ва ба сахтӣ метавонист ба 3-10 % бирасад. Саводомӯзии саросарии аҳолиро ҳукумати шӯравӣ ба роҳ монд.
Соли 1926 нахустин мактаб дар минтақа фаъолияти худро оғоз намуд: дар он танҳо 1 муаллим – Одил Боқиев (аз деҳаи Чихох) кор мекард ва 25 талаба дар он ҷо дарс меомӯхтанд. Соли 1930 шумораи муаллимон ба 7 нафар расид. Дар авохири даҳаи 30-юми асри XX тақрибан дар ҳамаи маҳалҳои сераҳолии деҳшӯроҳои Ванҷ мактабҳои ибтидоӣ таъсис ёфтанд, ки бештари бачагону наврасон дар онҳо таҳсил мекарданд.
Тобистони соли 1941 (дар арафаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ) дастгоҳи кинонамоишдиҳӣ дар Ванҷ сохта, ба марҳалаи истифода расид. Соли 1941 дар вилоят 41 китобхона вуҷуд дошт, аз ҷумла китобхонаи ноҳиявӣ дар маркази Ванҷ ва 12 чойхонаи сурх. Дар аввали моҳи апрели соли 1930 дар яке аз деҳаҳои баландкӯҳи водии Ванҷ – Рованд нахустин маҷлиси ҷавонон баргузор шуд.
Дар соли таҳсилии 2011-2012 дар ноҳияи Ванҷ 50 мактаб, аз ҷумла 23 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 4 мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, 13 мактаби ибтидоӣ, мактаб-интернат ва муассисаи томактабӣ вуҷуд дошт. Дар ҳамин сол дар мактабҳои ноҳия 7437 талаба таҳсил мекард, ки ба онҳо 928 муаллими соҳибмаълумоти олӣ дарс медоданд.
25 июни соли 2025 дар деҳаҳои Мотравн, Будун, Вишхарв, Жамаг, Бунай, Техарв ва Ғиҷовасти ноҳия 7 кӯдакистони нав ифтитоҳ гардид: чор кӯдакистон аз ҳисоби буҷети маҳаллии вилоят ва се кӯдакистони дигар аз ҳисоби сокинони деҳаҳо тариқи ҳашар сохта шудаанд. Ин муассисаҳо аз 20 синфхона иборат буда, барои 380 тарбиятгиранда пешбинӣ шудаанд ва дар онҳо 34 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.<ref name="fn111" /><ref name="fn124">Ифтитоҳи 7 кӯдакистон дар ноҳияи Ванҷ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
Дар Ванҷ 45 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 1 театр, 13 клуб, 2 автоклуб, 5 хонаи фарҳанг, 25 китобхона бо фонди 114 960 нусха китоб фаъолият мекунад. Рӯзномаи ноҳиявӣ бо номи ''«Ватан»'' нашр мешавад.
== Тиб ==
Аввалин иттилои тиббии сабтшуда дар бораи Ванҷ ба гузориши капитан Кузнецов (соли 1892) рост меояд, ки паҳншавии бемории зоб (гулбандварамӣ)-ро дар байни дигар бемориҳои маъмули Дарвоз махсус қайд кардааст:
''«Изъ другихъ болѣзней особенно развитыхъ въ Дарвозѣ, слѣдуетъ отмѣтить зобъ, главнымъ образомъ по рѣкѣ Ванчъ.»''
Тарҷума: ''«Аз дигар бемориҳое, ки дар Дарвоз хеле паҳн шудаанд, бояд зобро қайд кард, ки асосан дар канори дарёи Ванҷ вомехӯрад»''.<ref name="fn125">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 51.</ref>
Соли 1939 дар Ванҷ маркази тиббӣ ва бемористоне барои 10 кат сохта шуда буд. Ин иттифоқ дар канори душвориҳои азиме ба вуҷуд омад: то оғози асри XX дар водӣ тибби илмӣ вуҷуд надошт ва сокинон танҳо ба гиёҳдармонӣ ва дуохонӣ такя мекарданд, ки боиси сатҳи баланди фавти модарону кӯдакон мегардид.<ref name="fn49" /> Тибқи як таҳқиқи диссертатсионӣ, гузариш ба тибби муосир бо муқовимати шадид ҳамроҳ буд: соли 1929 табиби рус Спажев, ки барои расонидани кумаки аввалияи тиббӣ ба Ванҷ фиристода шуда буд, аз ҷониби дастаҳои босмачӣ ба қатл расонида шуд – ҳодисае, ки соли 1931 бо қатли табиб Олхов дар ноҳияи ҳамҷавори Қалъаихумб такрор ёфт.<ref name="fn126">Диссертатсия // Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ.</ref> Муҳоҷирати маҷбурии соли 1954-и сокинони водии Язғулом ба водии гарми Вахш низ оқибатҳои вазнини беҳдоштӣ – бемории оммавӣ ва фавти зиёди кӯдакон – ба бор овард, ки яке аз сабабҳои бозгашти тадриҷии як қисми муҳоҷирон ба зодгоҳашон гардид.<ref name="fn49" />
Ҳоло дар ноҳия як беморхонаи марказӣ (дар шаҳраки Рохарв, дорои 6 шуъбаи бистарикунонӣ), як беморхонаи минтақавӣ дар водии Язғулом, 22 бунгоҳи тиббӣ, маркази назорати беҳдоштӣ (санитарию эпидемиологӣ) ва 4 дорухона фаъолият доранд. Тибқи маълумоти соли 2023, ба ин шабака 57 310 нафар бемор муроҷиат кардааст – ба ҳисоби миёна беш аз 1,6 маротиба барои ҳар сокини ноҳия дар як сол.<ref name="fn127">Ванҷ. Роҳандозии тадбирҳо дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар сохтори марказии шабака 47 духтури дорои маълумоти олӣ ва 193 корманди миёнаи тиббӣ кор мекунанд; рақами 369 нафар пизишки дорои маълумоти олӣ, ки дар маъхазҳои умумӣ оид ба ноҳия зикр мешавад, эҳтимол тамоми мутахассисони тиббии ҳудуди ноҳияро – аз ҷумла дорухонаҳо, СЭС ва муассисаҳои хусусиро – дар бар мегирад.<ref name="fn127" />
Дар водии дурдасти Язғулом, ки пеш аз истиқлол мардум маҷбур буданд беморони вазнинро тавассути чорвои борбар ба масофаҳои дур интиқол диҳанд, имрӯз як дармонгоҳи минтақавӣ, ду маркази саломатӣ, се бунгоҳи тиббӣ дар деҳаҳои дурдаст ва як таваллудхонаи махсусгардонидашуда фаъолият доранд.<ref name="fn127" /> Дар деҳаи Гармчашмаи ҷамоати Рованд, наздики лозури Ванҷях, як маркази саломатии муосир бо ҳамкории Вазорати тандурустӣ ва Хадамоти ҳифзи сиҳатии Бунёди Оғохон (Aga Khan Health Services) сохта шудааст.<ref name="fn128">Ифтитоҳи маркази саломатӣ дар ноҳияи Ванҷ // АМИТ «Ховар», сентябри 2015. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар доираи барномаи миллии рушди инфрасохтори тиббӣ, соли 2025 сохтмони бинои нави Беморхонаи марказӣ барои 120 кат бо арзиши 114 миллион сомонӣ оғоз гардид.<ref name="fn129">Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Ванҷ // Президенти Тоҷикистон, 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Барои ҳалли норасоии кадрҳо, тайи давраи соҳибистиқлолӣ 142 нафар хатмкунандаи ноҳияи Ванҷ дар муассисаҳои олии тиббии ҷумҳурӣ (пеш аз ҳама Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино) таҳсил кардаанд, ки аз ин шумора 40 нафар тавассути квотаи президентӣ буда, соли 2025 боз 22 нафари дигар ба ҳамин квота фаро гирифта шуданд.<ref name="fn129" /> Барномаи ''«Корвони саломатӣ»''-и Вазорати тандурустӣ низ борҳо ба Ванҷ ташриф оварда, ба табибони маҳаллӣ таҷрибаандӯзӣ фароҳам овардааст.<ref name="fn130">«Корвони саломатӣ». Сокинони ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ бо хизматрасонии ройгони тиббӣ фаро гирифта шуданд // АМИТ «Ховар», майи 2022. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Бо сабаби баландкӯҳ будани минтақа, Ванҷ таърихан ба минтақаҳои паҳншавии бемории ҷоғвар (норасоии йод) мансуб буд; тибқи маълумоти таҳлилӣ, дар натиҷаи стратегияи миллии йодизатсияи намак сатҳи паҳншавии ин беморӣ дар давраи солҳои 2019-2023 то 72 фоиз коҳиш ёфтааст.<ref name="fn131">Авҷи Зуҳал, № 2, 2025.</ref> Бо назардошти сатҳи баланди муҳоҷирати меҳнатии сокинони ноҳия, маркази маҳаллии мубориза бар зидди ВНМО (ВИЧ) корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни ҷавонон пайваста мегузаронад.<ref name="fn127" /> Дар давраи пандемияи COVID-19 Беморхонаи марказии Ванҷ шуъбаи бемориҳои сироятиро ба реҷаи фавқулодда гузаронид, ва моҳи июни соли 2020 тибқи барномаи дастгирии Иттиҳоди Аврупо ба ин муассиса таҷҳизоти муҳофизати инфиродӣ (PPE) расонида шуд.<ref name="fn132">EU timeframe for PPE distribution // Хадамоти амали берунии Иттиҳоди Аврупо (EEAS), июни 2020. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Беморхонаи марказӣ соли 2014 пурра ба низоми гармкунии барқӣ (аз ҳисоби неругоҳҳои хурди барқи обӣ) гузашт, ҳарчанд барои ҳолатҳои фавқулодда ҳарсола захираи эҳтиётии сӯзишворӣ нигоҳ дошта мешавад.<ref name="fn133">Беморхонаи Ванҷ ба низоми гармкунии барқӣ гузашт // АМИТ «Ховар», январи 2014. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Тибқи санҷиши Агентии амнияти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳо (июли 2024), Беморхонаи марказии Ванҷ талаботи қонунгузории бехатарии радиатсиониро пурра риоя намуда, дараҷаи хатари фаъолияти он ''«паст»'' арзёбӣ шудааст.<ref name="fn134">Феҳристи Агентии амнияти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ (cbrn.tj). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Варзиш ==
Ванҷ аз даврони қадим бо гуштигирони номвари худ шуҳратёр буд. Номи паҳлавонони ванҷӣ – Амонат, Сулаймон, Дилдор, Хушдил, Худоӣ, Ҳиммат, Ш. Дилов, Алифбек ва дигарон то кунун ба некӣ ёд мешавад ва қиссаҳои майдондориашон ҳанӯз вирди забони хосу ом аст. Соли 2024 гӯштини миллии тоҷикӣ (гӯштингирӣ) дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта шуда, мақоми расман байналмилалӣ касб кард; шумораи мусобиқаҳои ин намуди варзиш дар саросари ҷумҳурӣ аз 485 адад дар соли 2020 то тақрибан 4000 адад дар соли 2022 афзудааст.<ref name="fn135">Гӯштини тоҷикӣ мақоми байналмилалӣ гирифт // Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Паҳлавони ванҷӣ Шакармамад Мирмамадов, ки дар якчанд намуди варзиш (ҷудо, кураш, гӯштингирӣ) рақобат мекунад, яке аз муваффақтарин варзишгарони вазни сангини Тоҷикистон дар даҳсолаи охир аст: соҳиби медали биринҷии Бозиҳои XVIII осиёии соли 2018 дар Ҷакарта (ҷудо, +100 кг),<ref name="fn136">Бозиҳои XVIII осиёӣ: Шакармамад ҳам соҳиби медали биринҷӣ гардид // Радиои Озодӣ. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> медали тиллои Чемпионати 13-уми Осиё оид ба кураш дар Теҳрон (июни 2024)<ref name="fn137">Шакармамад Мирмамадов қаҳрамони Осиё оид ба кураш // Варзиш ТВ. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> ва медали тиллои Нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ дар Душанбе (28-31 августи 2024, бо иштироки беш аз 200 варзишгар аз 63 давлат) гардид.<ref name="fn138">Варзишгари тоҷик Шакармамад Мирмамадов дар нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ медали тилло ба даст овард // АМИТ «Ховар», августи 2024. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар мусобиқаҳои Наврӯзии байналмилалӣ дар Хоруғ (марти 2025) ва Рашт (апрели 2026) низ ғолиб омада, ҳарду бор соҳиби автомобил гардид.<ref name="fn1392">Шакармамад Мирмамадов барандаи Шоҳҷоизаи Мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ дар шаҳри Хоруғ гардид // АМИТ «Ховар», 26 марти 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn1402">Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд // АМИТ «Ховар», 15 апрели 2026. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
25 марти соли 2020 дар ҷамоати деҳоти Язғулом бахшида ба Наврӯз мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ баргузор гардид, ки дар он беш аз 300 нафар паҳлавон на танҳо аз Ванҷ, балки аз Душанбе, Бохтар, Кӯлобу Хоруғ ва ноҳияҳои Дарвозу Рӯшон иштирок карданд.<ref name="fn1" />
Дар ноҳия беш аз 40 иншооти варзишӣ мавҷуд аст. 25 июни соли 2025 дар деҳаи Убари Даргов толори варзишӣ бо масоҳати умумии 615 м², иборат аз толори асосӣ, толори тенниси рӯи миз ва ҳуҷраҳои ёрирасон, ба истифода дода шуд.<ref name="fn111" /><ref name="fn1412">Ифтитоҳи толори варзишӣ дар деҳаи Убари Даргови ноҳияи Ванҷ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref> Ҳамчунин, 15 ноябри соли 2025, дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар деҳаи Андарбоғи ҷамоати Язғулом толори варзишии замонавӣ, ки бо маблағи 480 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст, ба истифода дода шуд.<ref name="fn1422">Бахшида ба Рӯзи Президент дар деҳаи Андарбаки ноҳияи Ванҷ толори муосири варзишӣ ба истифода дода шуд // АМИТ «Ховар», 15 ноябри 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Пеш аз ин, 11 сентябри соли 2018 бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамин ҷамоати Язғулом низ як толори варзишӣ ба истифода дода шуда буд.<ref name="fn15" />
Ба ғайр аз гӯштин, дар солҳои охир волейбол низ дар ноҳия рушд кардааст: дар мусобиқаи маҳаллӣ 7 дастаи волейболи ҷавонон иштирок доранд, ва дастаи ноҳияи Ванҷ дар Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявии волейбол дар ноҳияи Восеъ дар қатори дастаҳои пуриқтидоре чун ''«Регар ТадАЗ»'' ва дастаи шаҳри Душанбе иштирок карда, рақобати арзанда нишон додааст.<ref name="fn1432">«Регар ТадАЗ» дар мусобиқа оид ба волейбол дар ноҳияи Восеъ сазовори Шоҳҷоиза гардид // АМИТ «Ховар», июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар Бозиҳои осиёии соли 2018, ки самбо бори аввал ба барномаи он дохил шуда буд, Тоҷикистонро дар қатори дигарон ду варзишгари ҷавон – Ҷомии Ҳасанӣ ва Сомон Сангов – намояндагӣ карданд.<ref name="fn136" />
== Шахсиятҳои маъруф ==
Мулло Муҳаммадёри Ванҷӣ (машҳур ба Мулло Ёр) – шоири маъруфи мардумии тоҷик, зодаи деҳаи Ғумаяки водии Ванҷ; мероси ӯ то имрӯз дар байни мардуми кӯҳистони тоҷик маҳбубият дорад.<ref name="fn2" />
Раҳим Масов (16 ноябри 1939, деҳаи Мудеҳарви ноҳияи Ванҷ – 21 июни 2018, Душанбе) – таърихшиноси барҷастаи тоҷик, доктори илмҳои таърих, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон; солҳои 1988-2015 директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш.<ref name="fn1442">Академик Рахим Масов: жизнь, посвящённая отстаиванию национальных интересов Таджикистана (рус.) // НИАТ «Ховар», 16 ноябри 2022. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn1452">Сегодня в Душанбе скончался академик Рахим Масов (рус.) // Азия-Плюс, 21 июни 2018. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Ҳайдаршо Пирумшоев (таваллуд 30 декабри 1944, ноҳияи Ванҷ) – таърихшинос, доктори илмҳои таърих, профессор; муаллифи асарҳои ''«Ванҷ»'' (М., 2004), ''«Ванҷи ману ганҷи ман»'' (Душанбе, 2013) ва таҳқиқоти сершумор оид ба таърихи Бадахшону Помир.<ref name="fn1462">Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо... 30 декабри соли 2025 // Asia-Plus. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Қодири Қосим (таваллуд 9 апрели 1961, ноҳияи Ванҷ) – ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон.<ref name="fn1472">Председатель Федерации независимых профсоюзов Таджикистана Кодири Косим выдвинут кандидатом в депутаты Маджлиси намояндагон (рус.) // НИАТ «Ховар», январи 2020. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Мурувватшо Бачабеков (1 майи 1944 – 9 сентябри 2023, деҳаи Баравни ҷамоати Водхуд) – устоди варзиши гӯштингирӣ, ки ӯро бунёдгузори мактаби муосири гӯштини Ванҷ медонанд; солҳои 1972-1994 устоди кафедраи тарбияи ҷисмонии Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) буд.<ref name="fn1482">Устоди паҳлавонони Ванҷ Мурувватшо Бачабеков аз дунё рафт // Бомдод, 12 сентябри 2023. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Маҳмадшариф Сулаймонов (зодаи деҳаи Рованд) – устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ дар гӯштини миллӣ, ки зиёда аз панҷоҳ сол дар майдони паҳлавонӣ фаъолият дорад.<ref name="fn1492">Суфраи паҳлавонӣ // Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Ҳукумат ==
Сарвари ноҳияи Ванҷ Раиси ноҳия аст, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мегардад.<ref name="fn3" /> Ниҳоди намояндагии ноҳия – Маҷлиси вакилони халқ мебошад, ки аз тарафи мардуми ноҳия ба муддати 5 сол интихоб мешавад. Маълумоти расмӣ дар бораи ноҳия дар сомонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (badakhshon.tj) ҷой дода шудааст.<ref name="fn3" />
Раисони ноҳия дар тӯли фаъолияти маъмурии он борҳо иваз шудаанд; барои мисол, 17 ноябри соли 2021 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷабори Қосим аз мансаби раиси ноҳияи Ванҷ озод карда шуда, ба ҷои ӯ Мардзода Одинашо Миршаб ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия таъин гардид.<ref name="fn1502">Раисони Ванҷу Роштқалъа барканор шуданд: раҳбарони нав киянд? // Sputnik Тоҷикистон, 17 ноябри 2021. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Эзоҳ ==
{{Reflist|30em}}
== Манобеъ ==
* Андреев М. С. Выработка железа в долине Ванча (верховья Аму-Дарьи). – Ташкент, 1926.
* Бубнова М. А. Горно-Бадахшанская автономная область. Западный Памир (памятники каменного века – XX в.). – Душанбе, 2008. – (Археологическая карта Таджикистана).
* Бурхан-уд-Дин-хан Кушкеки. Путеводитель по Каттагану и Бадахшану. – Ташкент, 1926.
* Гулшанӣ. Таърихи ҳумоюн. – Душанбе, 2006.
* Искандаров Б. И. Восточная Бухара и Памир во второй половине XIX в. Ч. 1-2. – Душанбе, 1962-1963.
* Камалиддинов Ш. С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX – начала XIII вв. – Ташкент, 1996.
* Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). – Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893.
* Лашкарбеков Б. Б. Старованджский язык (vanǰivor) // Основы иранского языкознания: Среднеиранские и новоиранские языки / под ред. В. А. Ефимова. – М.: Восточная литература, 2008. – С. 61-109.
* Масов Р. М. К истории Ванчской долины // Мероси ниёгон. – Душанбе, 1999. – № 4. – С. 20-30.
* Мушкетов Д. И. Рохаръ (Кала-и-Ванчъ). – Петроградъ: Типографія М. М. Стасюлевича, 1916. – (Отдѣльный оттискъ изъ тома LII (1916 г.) Извѣстій Императорскаго Русскаго Географическаго Общества № 876).
* Пирумшоев Ҳ. Ванҷ. – М., 2004.
* Пирумшоев Ҳ., Зафаров А. Ванҷи ману ганҷи ман (очерки таърихӣ). – Душанбе, 2013.
* Постников А. В. Схватка на «Крыше Мира»: политики, разведчики и географы в борьбе за Памир в XIX веке. – М.: Памятники исторической мысли, 2001. – ISBN 5-88451-100-0.
* Розенфельд А. З. Ванджские говоры таджикского языка / ЛГУ им. А. А. Жданова. – Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. – 151 с.
* Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. – М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903.
* Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. – Душанбе: СИЭМТ, 2013.
* Эдельман Д. И. Язгулямский язык. – М.: Наука, 1966.
* Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. – М.: Наука (ГРВЛ), 1975. – С. 41-62.
* Языки мира: Иранские языки. III. Восточноиранские языки. – М.: Индрик, 2000.
* Moseley Chr. (ed.) Atlas of the World's Languages in Danger. – 3rd ed. – Paris: UNESCO Publishing, 2010.
* Paul D., Abbess E., Müller K., Tiessen C., Tiessen G. Language Access and Tajik Language Proficiency among the Yazghulami of Tajikistan. – SIL International, 2010.
== Пайвандҳо ==
* [https://www.vanjiman.com/ Сомонаи vanjiman.com]
* [https://vanj.info/ Торнамои Ванҷ (vanj.info)]
* [http://badakhshon.tj/?page_id=11224 Саҳифаи ноҳияи Ванҷ дар сомонаи расмии ВМКБ]
* [[c:Category:Vanj_District|Парвандаҳо дар Викианбор (Vanj District)]]
{{тоҷикистон-ҷуғ-нопурра}}
{{Тақсимоти маъмурии ВМКБ}}
{{Ноҳияи_Ванҷ}}
[[Гурӯҳ:Ноҳияҳои Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]]
[[Гурӯҳ:Ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]]
[[Гурӯҳ:Ноҳияи Ванҷ]]
eawr8jwywzqyvf379f53or7i0bgxn2g
1482025
1482024
2026-07-26T01:06:31Z
Firdavsi
3353
1482025
wikitext
text/x-wiki
{{ВМ
| Ранг1 = #A5D570
| Номи тоҷикӣ =
| Номи аслӣ = Ноҳияи Ванҷ
| Нишон =
| Парчам =
| Бари нишон =
| Бари парчам =
| Тавсифи нишон =
| Тавсифи парчам =
| Кишвар = [[Тоҷикистон]]
| lat_dir = N
| lat_deg = 38
| lat_min = 22
| lat_sec = 23
| lon_dir = E
| lon_deg = 71
| lon_min = 27
| lon_sec = 19
| region = TJ
| type = District
| Дараҷа =
| CoordScale =
| Суруди миллӣ =
| Мақом = Ноҳияи маъмурӣ
| Тобеъи = [[Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]]
| Шомили = 1 шаҳрак, 6 ҷамоат
| Пойтахт = [[Ванҷ (шаҳрак)|Ванҷ]]
| Шаҳри бузургтарин =
| Шаҳрҳои бузургтарин =
| Таъсис = [[29 май|29 маи]] [[1933]]
| Барҳамхӯрӣ =
| Номҳои пешина =
| Раис = Мардзода Одинашо Миршаб (аз 2022)<ref>{{Cite web|url=http://www.adlia.tj/show_doc.fwx?Rgn=143911|title=Указ Президента Республики Таджикистан от 1 декабря 2022 года №480 "О назначении Мардзода О.М. председателем Ванчского района Горно-Бадахшанской автономной области"|website=www.adlia.tj|accessdate=2023-01-04|archivedate=2024-12-09|archiveurl=https://web.archive.org/web/20241209162237/http://adlia.tj/show_doc.fwx?Rgn=143911}}</ref>
| Шакли роҳбарӣ = Раиси ноҳия
| Раис2 =
| Шакли роҳбарӣ2 =
| Раис3 =
| Шакли роҳбарӣ3 =
| ММД =
| Соли ММД =
| Ҷой аз рӯи ММД =
| ММД ба сари аҳолӣ =
| Ҷой аз рӯи ММД ба сари аҳолӣ =
| Забон =
| Забонҳо = [[Забони тоҷикӣ|тоҷикӣ]], [[Забонҳои бадахшонӣ]] — [[Забони язғуломӣ|язғуломӣ]]
| Аҳолӣ = 35 400
| Соли барӯйхатгирӣ = 2024
| Фоиз аз аҳолӣ = 4,8
| Ҷой аз рӯи аҳолӣ =
| Баҳодиҳии аҳолӣ =
| Соли баҳодиҳӣ =
| Зичӣ = 7,7
| Ҷой аз рӯи зичӣ =
| Ҳайати миллӣ = [[тоҷик]]он
| Ҳайати динӣ = [[мусулмон]], [[суннӣ]], мазҳаби [[ҳанафӣ]]
| Масоҳат = 4430,5
| Фоиз аз масоҳат =
| Ҷой аз рӯи масоҳат =
| Баландии бештарин = 7495
| Баландии миёна = 3000
| Баландии камтарин =
| Харита = Vanj District in Tajikistan.svg
| Андозаи харита =
| Харита2 =
| Минтақаи замонӣ = UTC+5
| Сарвожа = VA
| ISO = TJ.BK.VA
| Шиносаи ададӣ =
| Шакли шиноса =
| Шиносаи ададӣ2 =
| Шакли шиноса2 =
| Шиносаи ададӣ3 =
| Шакли шиноса3 =
| FIPS =
| Коди телефон = +992 3551
| Нишонаи почта = 736300
| Домени интернет = tj
| Коди мошинҳо = 04 TJ
| Вебгоҳ = [[www.vanjiman.com]]
| Гурӯҳ дар Commons = Vanj District
| Эзоҳ =
}}Ноҳияи Ванҷ (форсӣ: ناحیۀ ونج) – минтақаи таърихӣ ва яке аз ноҳияҳои [[Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]], воқеъ дар шимолу ғарби вилоят, дар шарқи [[Ҷумҳурии Тоҷикистон]]. Масоҳаташ 4430,5 км² буда, тибқи омори соли 2024 аҳолияш 35 400 нафарро ташкил медиҳад (зичии аҳолӣ тақрибан 8 нафар дар 1 км²). Ҳамчун воҳиди расмии маъмурию ҳудудӣ 29 майи 1933 таъсис ёфтааст.<ref name="fn139">Ванджский район (рус.) // Словари и энциклопедии на Академике (нусхаи мақолаи Википедиаи русӣ, 2010). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Маркази ноҳия шаҳраки Рохарв (форсӣ: راخرو) аст, ки расман шаҳраки Ванҷ ном дошта, дар харитаҳо низ чунин сабт мешавад, вале дар забони мардум то имрӯз бо номи бостонии худ – Рохарв ёд мегардад; шаҳрак 176 км шимолтар аз шаҳри [[Хоруғ]], дар канораи резишгоҳи рӯди Рохарвоб ба Ванҷоб ҷой дорад.<ref name="fn139" /><ref name="fn210">Ванҷ. Маълумоти ҷуғрофӣ (порча аз китоби Ҳ. Пирумшоев «Ванҷи ман») // Торнамои Ванҷ (vanj.info). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn311">н. Ванҷ (www.vanj.tj) // Сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Тибқи анъанаи маҳаллӣ, тамоми рустоҳоеро, ки аз деҳаи Бунай болотар воқеъанд, ''«Ванҷи Боло»'' меноманд; водиҳои поёниро бошад, на ''«Ванҷи Поён»'', балки бо номҳои таърихии худашон – Язғулом, Водхуд ва Пшихарв – ёд мекунанд.<ref name="fn210" /> Дигар шӯроҳои русто, мисли Водхуд, Язғулом, Рованд ва Техарв, ки фарогири чандин деҳаанд, то кунун номҳои таърихии худро нигоҳ доштаанд. Шӯрои рустои Рохарв дар ҳоли ҳозир чун ҷамоати ба номи Маҳмадулло Абдуллоев<ref name="fn410">Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ толори варзиширо ифтитоҳ намуданд // АМИТ «Ховар», 25 июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> ва шӯрои рустои Жовид феълан дар шакли ҷамоати Ҷовидон номгузорӣ шудаанд.
Қабл аз вуруди [[Артиши Сурх]] ба Ванҷ ва истиқрори низоми шӯравӣ, маркази идории амлокдории Ванҷ дар шаҳраки Рохарв, дар ''«Қалъаи Ванҷ»'' ё ''«Қалъаи Рохарви Ванҷ»'' қарор дошт, ки ҳам қароргоҳи мири Ванҷ ва ҳам маҳалли будубоши гурӯҳаки маҳдуди сипоҳи [[Манғития|манғитиён]] будааст.<ref name="fn510">Мушкетов Д. И. Рохарв (Кала-и Ванч) // Известия Русского географического общества. --- Т. 52. --- 1916.</ref>
Дарёҳои бузургтарини ноҳия – Ванҷоб, Язғулом) ва Панҷ) мебошанд. Ду соҳили дарёи Ванҷоб бо дарозии зиёда аз 100 км бахши умдаи ноҳияро ташкил медиҳад.
== Номшиносӣ ==
Дар сарчашмаҳои русӣ ва адабиёти даврони шӯравӣ номи ноҳия дар шаклҳои ''«Ванч»'' ва ''«Вандж»'' омадааст, ки гунаи русишудаи ҷойноми тоҷикии Ванҷ мебошад.<ref name="fn311" />
Дар боби решаи ин ном ақидаҳо мухталифанд. Донишманди тоҷик Гулшанӣ дар китобаш ''«Таърихи ҳумоюн»'', ки соли 1328 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 1910 милодӣ навиштааст, онро табдилёфтаи номи дарёи Панҷ шумурда, дар бораи диёри Ванҷ мегӯяд:
''«Қасабаи Ванҷ ба тарафи шарқии Дарвоз, ба таҳти ақабаи Боми Дунё воқеъ аст ва дар он ҷониб манбаи дарёи Омӯя ва Ҷайҳун ва онро Чашмаи Панҷ мегӯянд, аз қуллаи шомихи кӯҳи Боми Дунё набаъон менамоянд. Аз андак масофат, панҷ чашма ба як ҷо ҷамъ мешавад ва ғарбан ҷараён менамояд ва онро чашмаи Панҷ мегӯянд ва он қасабаро Ванҷ меноманд, ки он муҳаррафи Панҷ аст. Оби аввали наҳри Ҷайҳун ҳамин аст»''.<ref name="fn6">Гулшанӣ. Таърихи ҳумоюн. --- Душанбе, 2006. --- С. 157.</ref>
Тадқиқоти забоншиносии баъдина ин ривояти халқиро тасдиқ намекунад. Эроншиноси маъруф Д. И. Эделман дар пажӯҳиши бунёдии худ ''«Географические названия Памира»'' (''«Номҳои ҷуғрофии Помир»''), ки соли 1975 дар маҷмуаи ''«Страны и народы Востока»'' ба чоп расидааст, решаи вожаи ''«Ванҷ»''-ро мушаххасан шарҳ намедиҳад, балки онро номи аслии худи водӣ мешуморад, ки номи дарёи Ванҷов (Ванҷ + ''«об»'') низ аз он гирифта шудааст.<ref name="fn7">Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. --- М.: Наука (ГРВЛ), 1975. --- С. 41--62.</ref> Тибқи мушоҳидаи ӯ, ҳамсоягони язғуломизабони ин водӣ онро на ''«Ванҷ»'', балки ''«Вавз»'' меноманд, ки ин худ далели дигаре бар куҳансолии эҳтимолии ин ном аст.<ref name="fn7" /> Забони куҳани ванҷии аз байнрафта, ки сокинони маҳаллӣ то охири асри XIX бад-он сухан мегуфтанд, ''«ванҷивор»'' (vanǰivor)-аш меномиданд,<ref name="fn8">Лашкарбеков Б. Б. Старованджский язык (vanǰivor) // Основы иранского языкознания: Среднеиранские и новоиранские языки / под ред. В. А. Ефимова. --- М.: Восточная литература, 2008. --- С. 61--109.</ref> вале дар адабиёти дастрас пажӯҳише, ки решаи номи ''«Ванҷ»''-ро аз вожаҳои ҳамин забон ба даст оварда бошад, ёфт нашуд. Дар маҷмуъ, Эделман хулоса мебарорад, ки аксари номҳои ҷуғрофии [[Помир|Помири]] Ғарбию Ҷанубӣ бо ёрии забонҳои имрӯза шарҳнопазиранд, ки ин аз бостонӣ будани онҳо гувоҳӣ дода, эҳтимоли тааллуқи баъзеи онҳоро ба забонҳои куҳани пешин (субстратӣ) нишон медиҳад.<ref name="fn7" />
Худи Д. И. Эделман дар ҳамин мақола сабаби ин дугонагии номро возеҳтар шарҳ дода, чунин овардааст:
''«Иногда различные названия одного и того же пункта отражают различные исторические обстоятельства. Так, населенный пункт — административный центр Ванча имеет два названия. Первое — официальное, значащееся на картах — «Ванч» является редакцией старого названия находившейся здесь когда-то крепости, которая именовалась просто Кала (qala) 'крепость' или Кала-и Вандж 'Ванджская крепость'. Второе — название самого кишлака, которое до сих пор остается в обиходе у местного населения и жителей соседних долин — «Рохарв».»''
Тарҷума: ''«Баъзан номҳои мухталифи як маҳал вазъиятҳои гуногуни таърихиро инъикос менамоянд. Чунончи, маҳалли аҳолинишин — маркази маъмурии Ванҷ — ду ном дорад. Аввалин — номи расмӣ, ки дар харитаҳо зикр мешавад, — «Ванҷ» аст, ки таҳрирёфтаи номи қадимии қалъаест мебошад, ки замоне дар ин ҷо буд ва онро танҳо Қалъа (qala) ё Қалъаи Ванҷ меномиданд. Дуюмин — номи худи русто аст, ки то ҳанӯз дар гуфтугӯи мардуми маҳаллӣ ва сокинони водиҳои ҳамҷавор боқӣ мондааст — «Рохарв».»''.<ref name="fn9">Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 42.</ref>
Бино бар ин, то имрӯз дар илми забоншиносии эронӣ решашиносии қатъӣ ва ба таври васеъ пазируфташудаи вожаи ''«Ванҷ»'' пешниҳод нашудааст: ривояти Гулшанӣ дар боло намунаи анъанаи омиёна ва таърихии маҳаллист, на натиҷаи таҳлили илмии забонӣ. Коршиносон, ин номро қадимӣ мешуморанд ва эҳтимол медиҳанд, ки он ба давраи пеш аз паҳншавии забони тоҷикӣ дар ин минтақа тааллуқ дошта бошад, бидуни он ки то ба ҳол решаи дақиқи онро муайян созанд.
Луғатшиноси тоҷик Абдусамад Ҳайдаров дар ''«Фарҳанги тафсирии мухтасари луғоти шеваи ҷанубу шарқии забони тоҷикӣ»'' (2019) дар бораи вожаи ''«ванҷ»'' маълумоти муфассали фарҳангшиносиро ҷамъбаст намудааст<ref name="fn1662">Ҳайдаров А. Фарҳанги тафсирии мухтасари луғоти шеваи ҷанубу шарқии забони тоҷикӣ. --- Душанбе: ЭР-Граф, 2019. --- С. 14--17.</ref>. Тибқи ин пажӯҳиш, дар фарҳангномаҳои классикии форсиву тоҷикӣ вожаи ''«ван»''/''«ванҷ»'' дар маъноҳои гуногун сабт шудааст: номи деҳае дар Насаф (муарраби ''«вана»'', тибқи ''«Фарҳанги Ананд Роҷ»''); шабеҳу монанд, меваи мағздор, ҷангали пурдарахт ва номи шаҳре (тибқи ''«Бурҳони қотеъ»''); аз забони ҳиндӣ (санскрит) ба маънои ''«ҷангал»'', ''«беша»'' (тибқи ''«Фарҳанги Нафисӣ»''); меваи ба зира монанд бо мағзак ва ташбеҳ (тибқи ''«Ғиёс-ул-луғот»''); ва ниҳоят – ''«гунҷишк»'' (тибқи ''«Туҳфат-ул-аҳбоб»'' ва ''«Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ»''). Гурӯҳи дигари муҳаққиқон, аз ҷумла И. М. Стеблин-Каменский, А. З. Розенфелд, В. Томашек ва А. Д. Девонақулов, вожаи ''«ванҷ»''-ро аз ''«ван»'' ба маънои ''«бед»'' гирифташуда медонанд.<ref name="fn1662" />
Ҳайдаров бо усули муқоисаи фарҳангномавӣ нишон медиҳад, ки маънои ''«гунҷишк»'' эҳтимолан натиҷаи хатои котибист: дар қадимтарин фарҳанги дастрас – ''«Луғати фурс»''-и Асадии Тӯсӣ (саҳ. 73) – барои ''«гунҷишк»'' на ''«ванҷ»'', балки ''«вунҷ»'' омадааст, ва азбаски дар хатти арабӣ навишти ин ду вожа якхела аст, ба андешаи муаллиф, дар фарҳангномаҳои баъдӣ ба ҷои ''«вунҷ»'' хатан ''«ванҷ»'' сабт гардидааст. Ин фарзияро ӯ бо далели дигар низ тақвият медиҳад: дар забони гуфтугӯии тоҷикӣ шаклҳои гуногуни калимаи ''«гунҷишк»'' – ''«вунҷишк»'', ''«бунҷишк»'', ''«гундишк»'' – ҳама пас аз ҳарфи аввал садоноки кӯтоҳи ''«у»''-ро мегиранд, на ''«а»''-ро. Аз ин муҳимтар, дар забони куҳани ванҷӣ худи вожаи ''«гунҷишк»'' тамоман калимаи дигаре буд – ''«курҷик»'' – монанди забони ҳамсояи имрӯзаи язғуломӣ (''«чуғак»'') ва шуғнонӣ (''«вудуч»''); агар водӣ ба номи ин парранда гузошта мешуд, мебоист ''«Курҷик»'' номида мешуд, на ''«Ванҷ»''.<ref name="fn1662" /> Ба ин тартиб, ба андешаи аксари муҳаққиқон, решаи бовариноктарини номи ''«Ванҷ»'' ҳамон вожаи ''«ван»'' ба маънои ''«бед»'' аст, ки дар забонҳои зиндаи имрӯзаи помирӣ низ боқӣ мондааст: шуғнонӣ ''«wank»'', бартангӣ ''«wanoch»'', рӯшонӣ ''«wanoj»'', орошорӣ ''«wanuj»''.<ref name="fn1662" />
Дар баробари ин, дар байни мардуми маҳаллӣ фарзияи дигаре низ роиҷ аст, ки тибқи он вожаи ''«ванҷ»'' муродифи калимаи ''«ганҷ»'' (яъне ''«хазина»'') мебошад. Ҳайдаров ин фарзияро ба падидаи табдили овозҳои ''«в»''→''«г»''→''«к»'' дар лаҳҷаи маҳаллӣ пайванд медиҳад, ки намунаҳои он дар ҷуфти калимаҳои боқимондаи забони куҳани ванҷӣ, ки то имрӯз дар нутқи шифоҳии мардум ҳамроҳи муодилҳои тоҷикиашон истифода мешаванд (масалан, ''«сару мангал»'', ''«санди нозо»'', ''«кари шумук»'', ''«гарми тумухч»''), ба назар мерасад.<ref name="fn1662" /> Вожаи ''«ганҷ»'' то имрӯз дар нутқи мардуми Ванҷ серистеъмол буда, ҳатто баъзе хӯрокворӣ (мисли ширравған), меваҳо (мисли тут) ва анбори неъмат (''«ганҷур»'') бо ҳамин ном ёд мешаванд; ибораи қадимии ''«ванҷи ману ганҷи ман»'', ки зиёда аз ҳазор сол вирди забони мардум аст, низ, ба назари муаллиф, метавонад далели воқеии ин пайванди маъноӣ бошад.<ref name="fn1662" />
Номи Ванҷ соли 2023 ба бузургтарин лозури Помир низ гузошта шуд: 31 июли соли 2023 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии [[Тоҷикистон]] лозури Федченко расман Ванҷях номгузорӣ гардид.<ref name="fn1011">Ледник Ванджях -- один из самых больших ледников Таджикистана и горных систем мира (рус.) // НИАТ «Ховар», 9 июни 2024. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn1111">СМИ: крупнейший на Памире ледник Федченко переименован в «Ванджях» (рус.) // Радиои Озодӣ, 20 августи 2023. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Ҷойгоҳ ==
Ноҳияи Ванҷ бо сарзамини 4430,5 км² дар миёни қаторкӯҳҳои [[Дарвоз]] ва Язғулом воқеъ аст. Дар шимол бо [[Сангвор|ноҳияи Сангвор]] (Тавилдараи пешин), дар шарқ бо [[Мурғоб|ноҳияи Мурғоб]], дар ҷануб бо [[Рӯшон|ноҳияи Рӯшон]], дар ғарб бо ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ва дар ҷанубу ғарб, аз тариқи рӯди Панҷ, бо ноҳияи Дарвози вилояти [[Бадахшон|Бадахшони]] [[Афғонистон]] ҳаммарз мебошад.<ref name="fn139" /> Марзи шарқии ноҳияро қаторкӯҳи Академияи илмҳо ташкил медиҳад.<ref name="fn1210">Republic of Tajikistan, map showing administrative division as of January 1, 2004, «Tojikkoinot» Cartographic Press, Dushanbe.</ref>
Аз шимолу шарқи ноҳия ба ҷанубу ғарби он рӯдҳои Ванҷ) ва Язғулом ҷорӣ мешаванд, ки ба рӯди Панҷ мерезанд. Сарзамини ноҳия ду водии нисбатан васеи Бадахшонро дар бар мегирад. Яке аз онҳо дараи рӯди Ванҷ аст, ки беш аз 150 км дарозо дорад ва аз лозурҳои Ҷамъияти ҷуғрофӣ, Хирсон ва Абдуқаҳҳор оғоз мегирад. Водии дигар дараи рӯди Язғулом аст, ки дар миёни қаторкӯҳҳои Язғулому Рӯшон ҷой гирифтааст. Ин ду водиро аз ҳамдигар қаторкӯҳи Ванҷ ҷудо мекунад.<ref name="fn1210" /> Баландии маҳал аз сатҳи дарё аз 1500 то 5000 метр мебошад.
Дар бораи сабаби номгузории қаторкӯҳҳои атрофи Ванҷ, Д. И. Эделман чунин таваҷҷуҳ медиҳад:
''«Названия хребтов в исконной топонимии не прослеживаются. Те наименования, которые мы видим сейчас на географических картах,— позднейшие. Они даны исследователями в основном по принципу смежности с той или иной долиной. Ванчский хребет отделяет Ванч от Язгулема, Язгулемский хребет — Язгулем от Рушана-Бартанга, Рушанский — долину Рушана от Гунта…»''
Тарҷума: ''«Номҳои қаторкӯҳҳо дар ҷойномҳоии аслӣ дида намешаванд. Номҳое, ки мо имрӯз дар харитаҳои ҷуғрофӣ мебинем, аз давраҳои баъдтаранд. Онҳоро муҳаққиқон асосан бар мабнои усули ҳамҷаворӣ бо ин ё он водӣ гузоштаанд. Қаторкӯҳи Ванҷ, Ванҷро аз Язғулом ҷудо мекунад, қаторкӯҳи Язғулом — Язғуломро аз Рӯшону Бартанг, қаторкӯҳи Рӯшон — водии Рӯшонро аз Ғунд…»''.<ref name="fn139" />
Дарёи Ванҷ (Ванҷоб) 103 км дарозӣ ва 2070 км² ҳавзаи обғундорӣ дорад. Он аз ҳамроҳшавии ду шохоб падид меояд: яке аз лозурҳои нишебии шимолии қаторкӯҳи Ванҷ сарчашма мегирад, дигаре бошад – аз нишебиҳои ғарбии қаторкӯҳи Академияи илмҳо. То резишгоҳи шохоби Кашолаях худи дарё номи Абдуқаҳҳорро дорад; танҳо пас аз ҳамроҳ шудан бо ин шохоб он ба номи Ванҷоб мубаддал мегардад. Сарфи миёнаи солонаи об дар резишгоҳи дарё 49,4 м³/с аст.<ref name="fn142">Ванч (рус.) // Большая советская энциклопедия. --- 3-е изд. --- М.: Советская энциклопедия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дарёи Язғулом 80 км тӯл кашида, масоҳати ҳавзаи он 1970 км²-ро ташкил медиҳад; қисми болоии он то ҳамроҳшавии дарёи Ракзов Мазордара номида мешавад, сарфи миёнаи об дар поёноби дарё 36,2 м³/с буда, ғизои дарёҳои ноҳия асосан барфию лозурист ва сермобтарин моҳ июл аст.<ref name="fn139" />
Тавсифи муфассали гидрографии дарёи Ванҷро низ капитан Кузнецов ҳанӯз соли 1892 сабт кардааст. Ба гуфтаи ӯ, дарё аз ду шохоб — оби-Кашолаях (аз рост) ва оби-Абдуқаҳҳор (аз чап) — сарчашма мегирад, ки худ аз лозурҳои Куҳи-Лазурӣ об мегиранд, ва номи муосири шохоби ''«Абдуқаҳҳор»'', ки ҳанӯз дар гуфтаи боло зикр омада буд, маҳз бо ҳамин навиштаи асри XIX мутобиқат мекунад:
''«Рѣка оби-Ванчъ, берущая начало двумя рѣками: правой оби-Кашалъ-Аякъ и лѣвой оби-Абдукогоръ изъ ледниковъ Куи-Лазырь, течетъ въ юго-западномъ направленіи въ большинствѣ случаевъ разливаясь на много рукавовъ и образуя массу острововъ–тугаевъ.»''
Тарҷума: ''«Дарёи оби-Ванҷ, ки аз ду рӯд — рости оби-Кашолаях ва чапи оби-Абдуқаҳҳор — аз лозурҳои Куҳи-Лозурӣ сарчашма мегирад, дар самти ҷанубу ғарбӣ ҷараён дошта, дар аксари ҳолат ба бисёр шохобчаҳо тақсим мешавад ва анбӯҳи ҷазираҳо — тӯғайҳоро ба вуҷуд меорад»''.<ref name="fn152">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 32.</ref> Кузнецов инчунин баландии рустоҳои соҳили дарёи Ванҷро аз сатҳи баҳр чен кардааст: аз резишгоҳи он ба Панҷ (5110 қадам) то рустоҳои Рохарв (6250 қадам), Бунай (6590 қадам), Техарв (7260 қадам), Старғ (7670 қадам) ва Ванван (8020 қадам); ва дар бораи қаторкӯҳи байни Ванҷу Язғулом, ки имрӯз бо номи қаторкӯҳи Ванҷ маъруф аст, чунин навиштааст:
''«Горный хребетъ, расположенный между рѣками Ванчъ и Язгулемъ, носитъ названіе Ванчскаго. Восточная его часть покрыта вѣчными снѣгами и ледниками, западная – скалистая. Растительности на немъ нѣтъ никакой.»''
Тарҷума: ''«Қаторкӯҳе, ки миёни дарёҳои Ванҷу Язғулом воқеъ аст, номи Ванҷро дорад. Қисми шарқии он бо барфу лозурҳои ҷовидона пӯшида аст, қисми ғарбӣ бошад — сахраист; дар он ҳеҷ гуна рустание вуҷуд надорад»''.<ref name="fn139" />
Ванҷ дар соҳили яке аз шохобҳои бузурги рости дарёи Панҷ (болооби Ому), ки бо номи Ванҷоб маъруф аст, ҷой гирифтааст. Масофа аз маркази ноҳия то шаҳри Хоруғ 176 км ва то шаҳри [[Душанбе]] 387 км аст.
Тавсифи аввалини илмии ҷуғрофии қаторкӯҳҳои иҳотакунандаи водии Ванҷ ба шарқшиноси рус А. А. Семёнов тааллуқ дорад, ки соли 1898 дар доираи экспедитсияи расмии граф А. А. Бобринский аз ин минтақа дидан карда буд. Ӯ дар китоби худ навиштааст:
''«Часть Дарваза по правую сторону Пянджа (Сѣверный Дарвазъ) занимаетъ западный склонъ Памирскаго плоскогорья: этотъ край изрѣзываютъ глубокими долинами рѣкъ: Пянджа и его притоковъ справа: Оби-Хингоу, Ванджа и Язгулина. Водораздѣломъ этихъ рѣкъ служатъ два высокихъ хребта: Дарвазскій, между рр. Оби-Хингоу и Ванджемъ, и Ванджскій,–между долинами Ванджа и Язгулина... Въ верховьяхъ Ванджа всѣ упомянутыя горныя цѣпи сходятся въ одинъ узелъ и сливаются съ Памирами.»''
Тарҷума: ''«Қисми Дарвоз, ки дар канори рости Панҷ ҷойгир аст (Дарвози Шимолӣ), нишеби ғарбии баландсаҳрои Помирро фаро мегирад: ин канораро водиҳои амиқи дарёҳо буридаанд – Панҷ ва шохобҳои рости он: Оби-Хингов, Ванҷ ва Язғулом. Марзи обҷудокунии ин дарёҳоро ду қаторкӯҳи баланд ташкил медиҳанд: Дарвоз – миёни рӯдҳои Оби-Хингову Ванҷ, ва Ванҷ – миёни водиҳои Ванҷу Язғулом... Дар болооби Ванҷ ҳамаи ин қаторкӯҳҳои зикршуда ба як гиреҳ мепайванданд ва бо Помир мепайванданд»''.<ref name="fn162">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 6.</ref>
Дар ҳамин гиреҳи кӯҳӣ, ки қаторкӯҳҳои Ванҷу Дарвоз бо Помир мепайванданд, Семёнов ағбаи баландеро ба қайд гирифтааст, ки ба болооби Ванҷ мебарад: ''«Въ этомъ горномъ узлѣ лежить на высотѣ свыше 15 тыс. футовъ надъ уровнемъ моря перевалъ Сытаргй въ долину р. Вандж, или Ванча»'' – тарҷума: ''«Дар ҳамин гиреҳи кӯҳӣ, дар баландии зиёда аз 15 ҳазор фут аз сатҳи баҳр, ағбаи Сытаргӣ ба водии дарёи Вандж (Ванҷ) ҷойгир аст»''.<ref name="fn172">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 7.</ref>
=== Лозурҳо ва қуллаҳо ===
Болооби дараи Ванҷ, ки дар он ҷо рӯд номи Абдуқаҳҳор (Абдукагор)-ро дорад, аз калонтарин марказҳои лозурии Помир ба шумор меравад. Бузургтарин лозури ҳавзаи рӯди Ванҷ лозури Ҷамъияти ҷуғрофӣ мебошад, ки дар маҳалли пайвастшавии қаторкӯҳҳои Академияи илмҳо ва Дарвоз ҷой гирифта, дарозиаш 24,2 км ва масоҳаташ 64,4 км² аст. Ин лозур соли 1882 кашф гардида, соли 1928 ба шарафи Ҷамъияти ҷуғрофии [[Русия]] номгузорӣ шудааст.<ref name="fn182">Ледник Географического общества на Памире тает (рус.) // Сомонаи расмии Ҷамъияти ҷуғрофии Русия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар ҳавзаи Абдуқаҳҳор, дар нишебии ғарбии қаторкӯҳи Академияи илмҳо, лозури Хирс (дар адабиёти илмии русӣ – Медвежий) воқеъ аст, ки бо ҳаракатҳои даврии ногаҳонии худ (сёрҷ) дар ҷаҳон шуҳрат дорад. Дарозии лозури Хирс 15,8 км ва масоҳаташ 25,3 км² аст; ҳавзаи барфии он дар баландии беш аз 5500 м бо ҳавзаи лозури Ванҷях (Федченко) муштарак буда, забонаи борику дарози он бо яхшораи (ледопад) 900-метра аз ҳавзаи ғизогирии фирнӣ ба дараи чуқур, то баландии 2900 м, фуруд меояд.<ref name="fn192">Медвежий ледник // Словарь современных географических названий / Рус. геогр. о-во. Моск. центр; под общ. ред. акад. В. М. Котлякова. --- Екатеринбург: У-Фактория, 2006.</ref> Забонаи ин лозур дар зарфи чанд моҳ то 2 км ба поёни дара пеш рафта, маҷрои дарёи Абдуқаҳҳорро мебандад ва кӯли лозурӣ ба вуҷуд меоварад, ки шикофта шудани он ба обхезиҳои харобиовар дар водии Ванҷ оварда мерасонад. Чунин ҳаракатҳо дар солҳои 1916, 1937, 1951, 1963, 1973, 1989, 2001 ва 2011 ба қайд гирифта шудаанд.<ref name="fn202">Ледник Медвежий в хребте Академии Наук (рус.) // Silk Road Adventures. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ҳангоми ҳаракати соли 1963 лозур қариб 1,75 км пеш рафта, дараи Абдуқаҳҳорро баст ва дар он сол ду маротиба (19 июн ва 3 июл) обхезиҳои лозурӣ рӯй доданд. Соли 1973 садди яхине бо паҳноии тақрибан ним километр ва баландии саду панҷоҳ метр дараро банд карда, дар паси он кӯле бо чуқурии то 110 метр пайдо шуд; 19 июни соли 1973, вақте ки дар кӯл 27 млн м³ об ҷамъ омада буд, рахнашавии он ба амал омад.<ref name="fn212">Виноградов Ю. Б. Сведения о прорывах озёр, подпруженных ледниками (рус.). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар қисмати шарқии қаторкӯҳи Язғулом, дар марзи ҷанубу шарқии ноҳия, қуллаи Истиқлол (то соли 2006 – қуллаи Революция; 6940 м) – чорумин қуллаи баланди Тоҷикистон қомат афрохтааст. Дар домани шимолии он лозури бузурги Федченко – дарозтарин лозури кӯҳии ҷаҳон берун аз минтақаҳои қутбӣ (77 км) оғоз меёбад.<ref name="fn222">Пик Революции (рус.) // Wiki.risk.ru. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Ин лозур, ки соли 1878 онро Василий Ошанин кашф карда, ба шарафи табиатшинос Алексей Федченко номгузорӣ намуда буд, аз 31 июли соли 2023 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расман Ванҷях ном дорад.<ref name="fn1011" /><ref name="fn1111" /> Паҳноии миёнаи лозур 2 км ва ҳадди аксараш 5 км буда, ғафсии ях то 1 км ва ҳаҷми он ҳамроҳ бо шохобҳояш 144 км³ мерасад; лозур аз баландии 6200 м оғоз ёфта, забонааш то баландии 2909 м фуруд меояд ва дар силсилаи он 100 лозури хурду бузург, аз ҷумла 26 шохоби бевосита, ба ҳам пайвастаанд. Дар канори чапи лозур, дар баландии 4169 м, 7 августи соли 1933 истгоҳи гидрометеорологӣ кушода шуда буд, ки то соли 1995 бефосила кор кард ва соли 2004 дар доираи лоиҳаи байналмилалӣ дар он ҷо истгоҳи худкор насб гардид. Бар асари гармшавии иқлим лозур танҳо дар садаи XX дар танаи асосии худ тақрибан 15 км³ ях – даҳяки массаи худро – аз даст додааст.<ref name="fn1011" />
Тибқи баррасиҳои лозуршиносии охирин, масоҳати умумии лозури Ванҷях (Федченко) тақрибан 700 км² арзёбӣ мешавад ва ҳаҷми умумии яхи он, бар пояи ченкунии ғафсии қабати ях, 123,4 ± 28 км³ ҳисоб карда шудааст.<ref name="fn232">The evolution of Fedchenko glacier in the Pamir, Tajikistan, during the past eight decades (англ.) // Journal of Glaciology. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар тӯли 93 соли мушоҳидаи илмӣ (1928-2021), суръати миёнаи тағйири баландии сатҳи лозур ба −0,46 метр дар сол расидааст, ҳарчанд дар ду фосилаи алоҳида – солҳои 1958-1980 ва 2010-2021 – коҳиши баландии забонаи лозур ду баробар аз меъёри дарозмуддат тезтар будааст.<ref name="fn242">Multi-temporal elevation changes of Fedchenko Glacier, Tajikistan, from 1928 to 2021 (англ.) // EarthArXiv / Journal of Glaciology, 2024. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ченкуниҳои GNSS ва тасвирбардории радарии TanDEM-X нишон медиҳанд, ки мувозинати ҷирмии лозур аз −0,27 ± 0,05 метри муодили обӣ дар сол барои давраи 2000-2011 то −0,51 ± 0,04 метр дар сол барои давраи 2011-2016 бадтар шудааст, яъне суръати обшавии лозур дар даҳсолаи охир тақрибан ду баробар афзудааст.<ref name="fn252">Lambrecht A., Mayer C., Wendt A., Floricioiu D., Völksen C. Elevation change of Fedchenko Glacier, Pamir Mountains, from GNSS field measurements and TanDEM-X elevation models, with a focus on the upper glacier // Journal of Glaciology.</ref> Бо вуҷуди ин, азбаски забонаи лозур бо қабати ғафси хоку сангреза пӯшида аст, масоҳати намоёни он тайи даҳсолаҳо танҳо 1,4 фоиз тағйир ёфта, дар ҳоле ки ҳаҷми аслии яхи он коҳиши назаррас – тақрибан 5 км³ дар тӯли ҳашт даҳсола – доштааст.<ref name="fn232" /> Тибқи маълумоти барномаи UNEP GRID-Arendal, забонаи лозур аз соли 1933 инҷониб зиёда аз 1 километр ба ақиб нишастааст ва аз соли 1980 инҷониб тақрибан 50 метр паст шудааст.<ref name="fn262">Shrinking of Fedchenko Glacier in the Pamirs of Tajikistan (англ.) // UNEP GRID-Arendal. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Пажӯҳиши соли 2026 дар маҷаллаи ''«Remote Sensing»'' доир ба ҳавзаи лозурии дарёи Вахш, ки низоми лозурии Ванҷях (Федченко)-ро низ фаро мегирад, нишон дод, ки масоҳати умумии лозурҳои ин ҳавза аз 4440,9 км² дар соли 2000 то 4087,1 км² дар соли 2018 коҳиш ёфта, барои соли 2025 тахминан 3955,2 км² пешбинӣ мешавад; яъне тайи солҳои 2000-2025 масоҳати умумии лозурҳо 485,7 км² (10,94 фоиз) кам шуда, коҳиши миёнаи солона ба 19,43 км² мерасад.<ref name="fn272">Changes in Glaciers of the Vakhsh River Basin, Tajikistan Under Global Climate Change (англ.) // Remote Sensing, ҷ. 18, № 9, мақолаи 1436, 2026.</ref>
Қисмати шарқии кӯҳистони ноҳия, аз ҷумла шарқи қаторкӯҳи Ванҷ ва минтақаи лозури Федченко, ба ҳудуди Боғи миллии Тоҷикистон дохил мешавад, ки соли 1992 таъсис ёфтааст ва моҳи июни соли 2013 таҳти унвони ''«Боғи миллии Тоҷикистон (кӯҳҳои Помир)»'' ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии [[ЮНЕСКО]] шомил гардид.<ref name="fn282">Таджикский национальный парк «Горы Памира» включён в список Всемирного наследия ЮНЕСКО (рус.) // Маркази ахбори СММ, июни 2013. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn292">Таджикский национальный парк --- объект Всемирного наследия ЮНЕСКО (рус.) // Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Заминҷунбӣ ===
Ноҳияи Ванҷ дар минтақаи аз ҷиҳати заминҷунбӣ фаъол ҷой дорад. 2 январи соли 2010 дар шарқи Тоҷикистон заминҷунбие бо бузургии 5,1-5,4 рух дод, ки дар натиҷаи он дар маркази ноҳияи Ванҷ ва деҳаҳои Роғу Гишхунбеш аз 1050 бино хароб гардида, тибқи баъзе маълумот то 20 ҳазор нафар зарар диданд ва зиёда аз ҳазор сокин муваққатан бесарпаноҳ монданд.<ref name="fn302">Землетрясение магнитудой в 5,1 балла произошло в Таджикистане (рус.) // РИА Новости, 2--3 январи 2010. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn312">Смертоносная стихия: рассказываем про самые разрушительные землетрясения в Таджикистане и мире (рус.) // Диалог.TJ. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Иқлим ==
Иқлими ноҳияи Ванҷ қораӣ (континентӣ) аст; тобистонаш гарми бебориш, зимистонаш сарди камбарф; ҳарорати миёна дар моҳи июл 20-24 °C, дар январ аз −12 °C то −20 °C. Мизони борандагии солона 200-300 миллиметр аст. Баландиҳои 4000-5500 м марғзоранд, аз он болотар – тундраи кӯҳист. Дар баландкӯҳҳо иқлим ба куллӣ дигар аст: дар минтақаи лозури Ванҷях ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво ҳатто дар моҳҳои июн-сентябр ҳамагӣ +1,6 °C буда, миқдори солонаи боришот дар он ҷо ба 1192 мм мерасад, ки 99 дарсади он ба шакли барф меборад.<ref name="fn1011" />
=== Таснифи иқлимӣ ва механизмҳои ташаккулёбандаи он ===
Тибқи таснифи байналмилалии иқлимшиносии Кёппен-Гейгер (Köppen-Geiger), иқлими қисми асосии водиҳои поёнии ноҳияи Ванҷ ба гурӯҳи Dsa – ''«иқлими қораии мӯътадил бо тобистони гарму хушк»'' – мансуб дониста мешавад.<ref name="fn322">Vanj (англ.) // Wikipedia, the Free Encyclopedia. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ин рамз се хусусияти бунёдиро ифода мекунад: ҳарфи D нишон медиҳад, ки ҳарорати миёнаи сардтарин моҳи сол аз −3 °C поёнтар аст ва барф дар зимистон қабати устувор ташкил медиҳад, дар ҳоле ки гармтарин моҳ аз 10 °C болотар аст; ҳарфи s далолат мекунад, ки боришоти моҳи хушктарини тобистон ба маротиб камтар аз боришоти моҳи сербориштарини зимистону баҳор аст; ҳарфи a нишон медиҳад, ки ҳарорати миёнаи гармтарин моҳи сол аз 22 °C зиёдтар аст. Ин таснифот танҳо то баландиҳои тақрибан 2000-2500 метр эътибори комил дорад; бо боло рафтан аз ин сатҳ, иқлим ба категорияҳои сардтару намноки Dsb ва Dsc мегузарад, дар баландиҳои беш аз 3500-4000 метр ба категорияи E (иқлими тундраи кӯҳӣ) ва дар минтақаи лозурҳо, аз ҷумла дар ҳавзаи Ванҷях, ба категорияи EF (иқлими яхбандии доимӣ) табдил меёбад.<ref name="fn332">Outlook on climate change adaptation in the Central Asian mountains (англ.) // Carpathian Convention. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Иқлими ноҳия натиҷаи таъсири мутақобилаи се механизми асосии атмосферист. Дар фасли зимистон (аз ноябр то март) минтақа таҳти таъсири канораи ҷанубу ғарбии Антитсиклони Сибирӣ қарор мегирад, ки массаҳои ҳавоии сарду хушкро ба водиҳои Помир ворид карда, ҳавои софи вале шадидан сарди зимистонаро ба вуҷуд меорад.<ref name="fn342">Рамочная модель управления экологическими и социальными охранными мерами (РМУЭСОМ) (рус.) // ECDP.TJ. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар охири зимистону фасли баҳор, силсилабодҳои ғарбӣ (Westerlies), ки аз уқёнуси Атлантик ва баҳри Миёназамин ҷараён мегиранд, манбаи асосии намӣ ва боришот мебошанд; вақте ин сиклонҳо ба қаторкӯҳҳои баланди Ванҷу Язғулом бармехӯранд, раванди боришоти орографӣ (кӯҳсоз) рӯй медиҳад, ки боиси резиши миқдори зиёди борону барф мегардад. Дар моҳҳои июлу август бошад, гармшавии шадиди сатҳи замин дар биёбонҳои Афғонистону Эрон боиси пайдоиши минтақаҳои фишори паст мегардад, ки массаҳои ҳавоии тропикии хушкро ба минтақа ворид карда, равандҳои абрсозиро бозмедоранд ва давраи хушксолии тобистонаро фаро меоранд. Бо сабаби парокандагии шабакаи истгоҳҳои обуҳавосанҷӣ дар кӯҳистони Помир, таҳлили дақиқи микроиқлимҳои алоҳида – ҳатто бо истифода аз пойгоҳҳои додаҳои глобалӣ ба монанди MERRA-2 – то ҳанӯз кори мураккабе боқӣ мемонад.<ref name="fn352">Modeling of historical and future changes in temperature and precipitation in the Panj River Basin in Central Asia under the CMIP5 RCP and CMIP6 SSP scenarios (англ.) // PMC. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Низоми ҳарорат ===
Маълумоти мушаххаси истгоҳҳои метеорологии маҳаллӣ манзараи дақиқтари низоми ҳароратиро пешкаш мекунанд. Тибқи таҳлили илмии соли 2024, ки бар асоси мушоҳидаҳои истгоҳи обуҳавосанҷии Хумроғӣ (воқеъ дар ҳавзаи болооби рӯди Ванҷ) анҷом дода шудааст, ҳарорати миёнаи солона дар ин минтақа тақрибан ба +9,9 °C баробар аст.<ref name="fn362">Murodov, M.; Li, L.; Safarov, M.; Lv, M.; Murodov, A.; Gulakhmadov, A.; Khusrav, K.; Qiu, Y. A Comprehensive Examination of the Medvezhiy Glacier\\\'s Surges in West Pamir (1968--2023) (англ.) // Remote Sensing. --- 2024. --- Ҷ. 16, № 10. --- Мақолаи 1730. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Гармтарин моҳи сол июл буда, ҳарорати миёнаи он ба +23,0 °C мерасад,<ref name="fn362" /> баъзе манбаъҳои дигар ҳарорати миёнаи июлро дар маркази ноҳия то +25 °C арзёбӣ мекунанд.<ref name="fn322" /> Тибқи маълумоти сомонаҳои обуҳавосанҷии оммавӣ, дар давоми рӯзҳои гарми тобистон (масалан, дар охири июлу аввали август) ҳарорати нимирӯзӣ метавонад ба таври муназзам то +27...+32 °C боло равад.<ref name="fn372">Погода в Ванче сегодня (рус.) // Gismeteo. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Сардтарин моҳи сол январ аст, ки тибқи маълумоти истгоҳи Хумроғӣ ҳарорати миёнааш аз −4,9 то −5,0 °C-ро ташкил медиҳад.<ref name="fn362" /><ref name="fn322" /> Ин рақам аз тавсифи умумии дар боло овардашуда (аз −12 то −20 °C), ки маъмулан дар сарчашмаҳои донишномавӣ дар бораи маркази ноҳия дода мешавад, фарқи назаррас дорад; чунин ба назар мерасад, ки ин тафовут на ихтилофи асл, балки натиҷаи фарқи мавқеи чен ва усули ҳисоб бошад – рақами дуюм эҳтимолан ба ҳарорати шабонаи ниҳоии сардтарин рӯзҳо ё ба минтақаҳои баландтари ноҳия дахл дорад, дар ҳоле ки рақами якум ҳарорати миёнаи моҳонаро дар як истгоҳи мушаххас инъикос мекунад. Муҳимтарин хусусияти ин иқлим амплитудаи миёнаи солонаи ҳарорат аст, ки ба 27,9 °C мерасад ва гувоҳи равшани набудани таъсири мӯътадилкунандаи баҳрҳо мебошад.<ref name="fn362" />
Ҳароратҳои фавқулода низ ба қайд гирифта шудаанд: тибқи як ҳуҷҷати арзёбии экологию иҷтимоӣ, дар моҳи июли соли 2013 ҳарорати ҳаво дар ноҳия то +36,6 °C расидааст, дар ҳоле ки дар моҳи январи соли 2012 пасттарин ҳарорати мутлақ −20,5 °C ба қайд гирифта шуд;<ref name="fn342" /> тафовути миёни ин ду нишондиҳанда – беш аз 57 дараҷа – худ далели равшани шиддати иқлими қораии кӯҳистонии ноҳия аст.
Бо ҳар 100 метр болоравии баландӣ, ҳарорати ҳаво, тибқи қонунияти умумии физикаи атмосфера, ба ҳисоби миёна 0,6 °C коҳиш меёбад; маҳз ҳамин градиенти амудӣ сабаб мешавад, ки дар ҳоле ки дар маркази ноҳия тобистон гармои то 30 дараҷа ҳукмфармост, дар баландиҳои болои 4000 метр шароити наздик ба зимистон боқӣ мемонад. Дар минтақаи лозури Ванҷях, тавре ки дар боло зикр гардид, ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво ҳатто дар моҳҳои июн-сентябр ҳамагӣ +1,6 °C-ро ташкил медиҳад, ки шабнаму яхбандии шабонаро дар он ҷо ҳатто дар авҷи тобистон табиӣ мегардонад.
=== Боришот ва намнокии ҳаво ===
Тақсимоти боришот дар ноҳияи Ванҷ, мисли ҳарорат, ба таври шадид вобаста ба баландӣ тағйир меёбад. Тибқи маълумоти истгоҳи Хумроғӣ, боришоти миёнаи солона дар ҳавзаи болооби рӯди Ванҷ ба 341 мм мерасад,<ref name="fn362" /> дар ҳоле ки дар қисматҳои поёнии водӣ ин рақам ба 200-300 мм наздик аст (ниг. боло), ва дар баъзе минтақаҳои миёнакӯҳ, тибқи баъзе сарчашмаҳо, то 626 мм низ мерасад.<ref name="fn322" /> Хусусияти муҳимтарин на ҳаҷми умумии боришот, балки тақсимоти бениҳоят нобаробари он дар тӯли сол аст: моҳи сербориштарин март буда, ба ҳисоби миёна 64 мм боришот дорад ва бо обшавии ҳамзамони барфҳои кӯҳӣ сатҳи оби Ванҷобу Язғуломро кескин боло мебарад; моҳи хушктарин бошад, август аст, ки миқдори боришот дар он ҳамагӣ ба 1 мм мерасад.<ref name="fn362" /> Тафовути 63-миллиметра миёни ин ду моҳ нишондиҳандаи равшани хушксолии мутлақи тобистона мебошад.<ref name="fn362" />
Намнокии нисбии ҳаво низ ба ҳамин ритми мавсимӣ пайравӣ мекунад: дар авҷи тобистон он метавонад то 18-24 фоиз коҳиш ёбад,<ref name="fn382">Погода в Ванче (Таджикистан) (рус.) // JSPRAV.ru. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> ки боиси бухоршавии босуръати намӣ аз сатҳи хоку баргу набот гардида, эҳтиёҷи кишоварзиро ба обёрии сунъӣ хеле меафзояд. Дар муқобил, дар минтақаи баландкӯҳии лозури Ванҷях, тавре ки дар боло омад, миқдори солонаи боришот ба 1192 мм мерасад, ки 99 дарсади он ба шакли барф меборад – рақаме, ки таъсири орографии (кӯҳсози) қаторкӯҳҳои Ванҷу Академияи илмҳоро ба таври возеҳ нишон медиҳад: ҳангоме ки массаҳои ҳавоии намнок ба ин деворҳои азим бармехӯранд, ба боло ҳаракат карда, сард мешаванд ва намии худро дар шакли боришоти шадид дар минтақаҳои баландтар мепартоянд, дар ҳоле ки водиҳои поёнӣ дар ''«сояи боришот»'' боқӣ мемонанд.
Хоки водиҳо ҷигарӣ ва чаманзорӣ (чимтолӣ); хоки кӯҳҳо ва нишебиҳои онҳо даштӣ ва марғзору баландкӯҳ, ҷо-ҷо регзор аст. Аксари хокҳо серсанганд.
Дар водиҳо набототи даштӣ, дар кӯҳҳо ва доманаи онҳо дарахтони бед, арча, сафедор, буттаҳои ангат, зирк, бушол, настаран; дар баландии 2000-4000 м камол, юған, торон, ревоҷ (чукрӣ), куруш, фарк, курт, бодом, жағн, тӯс (буруҷ) ва ғайра мерӯянд. Дар водии Ванҷ дарахтони мевадор, аз қабили тут, зардолу, себ, чормағз хеле фаровонанд ва ҳосили хуб медиҳанд.
Аз ҳайвоноти ваҳшӣ паланг, хирс, гург, шағол, рӯбоҳ, оҳу, суғур, заргӯш, аз парандагон гунҷишк, ғулба, кабки реза, кабки дарӣ (ҳилол), кафтар, боз, ғалевоз, уқоб ва ғайра вомехӯранд.
=== Минтақабандии амудии эко-иқлимӣ ===
Бо сабаби тафовути шадиди баландӣ – аз 1500 метр дар қисматҳои поёнии водӣ то беш аз 6000 метр дар қуллаҳо – иқлими ноҳияи Ванҷ якранг нест, балки аз занҷираи пайдарпайи минтақаҳои эко-иқлимӣ иборат аст, ки ҳар кадоме шароити хоси гармову намнокӣ ва набототу ҳайвоноти мувофиқи худро доранд.
Дар баландии 1500-2000 метр, дар водиҳои Ванҷу Водхуд, иқлим гармтарину мусоидтарин аст; маҳз дар ҳамин минтақа, тавре ки дар боло зикр шуд, дарахтони меваовар – тут, зардолу, себу чормағз – ҳосили фаровон медиҳанд. Аз баландии 2000 то 4000 метр иқлим сардтар мешавад ва набототи дарахтии гармидӯст ҷои худро ба буттаву гиёҳҳои тобовар ба хушкии тобистона медиҳад; маҳз ҳамин минтақа, тибқи таҳқиқоти экологии барномаҳои ҷаҳонии ҳифзи табиати Осиёи Марказӣ, макони зисти намудҳои нодири эндемикӣ – аз ҷумла гиёҳи [*Nepeta badachschanica]* ва шабпараки нодири кӯҳӣ [*Parnassius autocrator]* – маҳсуб мешавад.<ref name="fn392">World Heritage thematic study for Central Asia (англ.) // IUCN Portals. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар баландии 4000-5500 метр, дар минтақаи тундраи кӯҳӣ ва марғзорҳои алпӣ, набототи дарахтӣ комилан аз байн меравад ва танҳо гиёҳҳои пастқад, ушна ва сангфаш (лишайник) боқӣ мемонанд; фаунаи ин минтақа – аз ҷумла паланг, хирс, суғур ва кабки дарӣ (ҳилол) – бештар дар фасли тобистон ба ин баландиҳо мебарояд ва бо фарорасии зимистон ба минтақаҳои поёнии гармтар муҳоҷирати амудӣ мекунад.<ref name="fn392" /> Ниҳоят, аз баландии 5500 метр боло, дар минтақаи нивалӣ-лозурӣ, олами яхбандии доимӣ оғоз мешавад, ки ба иқлими қутбҳои Замин монандӣ дорад ва манбаи асосии ғизогирии лозурҳои бузурги ноҳия, аз ҷумла лозури Ванҷях, ба шумор меравад.
=== Хатарҳои гидрометеорологӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ===
Иқлими шадидан қораии ноҳияи Ванҷ, ки бо боришоти пуршиддати баҳорӣ ва хушксолиҳои шадиди тобистона тавсиф мешавад, минтақаро ба яке аз осебпазиртарин ноҳияҳо аз лиҳози хатарҳои гидрометеорологӣ дар тамоми ҳавзаи рӯди Панҷ табдил додааст.<ref name="fn402">Climate Change Vulnerability Assessment Republic of Tajikistan: Building Climate Resilience in the Pyanj River Basin (англ.) // Climate Investment Funds (CIF). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ду омили асосии иқлимӣ сабабгори аксари сел ва обхезиҳо мебошанд. Аввал, вақте ки боришоти шадиди баҳорӣ бо баландшавии ногаҳонии ҳарорат ҳамроҳ мешавад, барфҳои нишебиҳои кӯҳӣ босуръат об шуда, заминро аз ҳад зиёд сернам мекунанд ва ба лағжиши қабатҳои замин ва фаромадани селҳои лойқадор оварда мерасонанд.<ref name="fn362" /> Дуюм, ҳангоме ки ҳарорати нимирӯзии тобистона ба атрофи +30 °C мерасад, суръати обшавии лозурҳо ба ҳадди аксар расида, метавонад боиси обхезиҳои ногаҳонии кӯлҳои лозурӣ гардад,<ref name="fn382" /> падидае, ки, тавре ки дар бахши ''«Лозурҳо ва қуллаҳо»'' зикр гардид, дар мисоли лозури Хирс борҳо ба амал омадааст.
Тибқи арзёбии осебпазирии иқлимӣ, ки дар доираи лоиҳаи минтақавии ''«Ташаккули устувории иқлимӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ»'' анҷом дода шудааст, деҳаҳои ноҳияи Ванҷ, аз ҷумла дар ҷамоатҳои Водхуду Язғулом, дар қатори минтақаҳои дорои хатари миёна ва баланди зарар аз сел ва обхезӣ гурӯҳбандӣ шудаанд.<ref name="fn402" /><ref name="fn412">45354-002: Building Climate Resilience in the Pyanj River Basin (англ.) // Asian Development Bank. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Барои коҳиш додани ин осебпазирӣ, дар доираи лоиҳаҳои байналмилалии мутобиқшавӣ ба иқлим, дар ҳудуди ҷамоати Водхуд корҳои мустаҳкамкунии соҳили рӯди Ванҷоб ва барқарорсозии лӯлаҳои оби полезӣ анҷом дода шудаанд, ки ҳадафи онҳо ҳифзи заминҳои кишоварзӣ аз сел ва кафолати таъминоти об дар давраҳои хушксолии шадид мебошад.<ref name="fn402" /> Ин гуна тадбирҳои инфрасохторӣ, дар якҷоягӣ бо гузариш ба неруи барқи хурди обӣ (ниг. бахши ''«Энергетика»'') ва вобастагии иқтисоди хонаводаҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ (ниг. бахши ''«Муҳоҷирати меҳнатӣ»''), нишондиҳандаи равшани он мебошанд, ки иқлими шадиди кӯҳистонӣ на танҳо омили табиӣ, балки муайянкунандаи асосии тарзи зиндагӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ванҷ боқӣ мемонад.
{| class="wikitable"
|+Ҷадвали 1. Хулосаи нишондиҳандаҳои иқлимии ноҳияи Ванҷ<ref name="fn362" /><ref name="fn322" /><ref name="fn342" /><ref name="fn372" /><ref name="fn382" />
!Нишондиҳанда
!Қимат
!Тавзеҳ
|-
|Ҳарорати миёнаи солона
| +9,9 °C
|Истгоҳи Хумроғӣ
|-
|Ҳарорати миёнаи июл (гармтарин моҳ)
| +23,0...+25,0 °C
|Хумроғӣ / маркази ноҳия
|-
|Ҳарорати миёнаи январ (сардтарин моҳ)
|−4,9...−5,0 °C
|Истгоҳи Хумроғӣ
|-
|Амплитудаи миёнаи солонаи ҳарорат
|27,9 °C
|Нишондиҳандаи иқлими қораӣ
|-
|Максимуми мутлақ (рекорд)
| +36,6 °C
|Июли соли 2013
|-
|Минимуми мутлақ (рекорд)
|−20,5 °C
|Январи соли 2012
|-
|Боришоти солона (Хумроғӣ)
|341 мм
|Ҳавзаи болооби рӯди Ванҷ
|-
|Моҳи сербориштарин
|64 мм
|Март
|-
|Моҳи хушктарин
|1 мм
|Август
|-
|Намнокии нисбии ҳаво дар тобистон
|18-24 %
|–
|}
== Таърих ==
Ванҷ таърихи чандинҳазорсола дорад, ки осори таърихии он то ҳол пойбарҷоянд, аммо касе аз донишмандони таърих ва бостоншиносони тоҷик ба пажӯҳиши ҷиддии ин ганҷинаи таърих домани ҳиммат барназадааст. Сағонаҳо ва дахмаҳои Ванҷ худ далели ошкори таърихи чандҳазорсолаи ин куҳанбуманд. Бо ин ҳама, таърихи навини водӣ дар осори муаррихони тоҷик – мақолаи академик [[Раҳим Масов]] ''«Оид ба таърихи водии Ванҷ»'' ва китобҳои профессор [[Ҳайдаршо Пирумшоев]] – мавриди баррасии махсус қарор гирифтааст.<ref name="fn422">Масов Р. М. К истории Ванчской долины // Мероси ниёгон. --- Душанбе, 1999. --- № 4. --- С. 20--30.</ref><ref name="fn210" />
Сарнавишти таърихии Ванҷ аз дигар мавзеъҳои тоҷикнишини Бухорои Шарқӣ ва ғарби Бадахшон чандон фарқе надошт. Фоҷиаҳое, ки дар ин ё он гардиши таърихӣ, мисли ҳуҷуми муғулҳо, темуриён ва тозиши дигар қабилаҳои кӯчии туркнажод ва хунрезиҳои ваҳшиёна дар давраи парокандагии феодалӣ рух доданд, бар ин сарзамин бетаъсир набуданд. Тоҷиконе, ки зери таъқибу фишори аҷнабиён қарор гирифта буданд, барои ҳифзи ҷони худ ба тагнои ин дараҳои дастнорас, ба каронаҳои рӯдҳои кӯҳӣ паноҳ бурданд ва ба ҷойҳои дурдасте кӯчиданд, ки сокинони маҳаллӣ дар он солиёни дароз бо кӯшишу ранҷи сахт қитъаҳои хурди заминро барои кишт созгор мекарданд.
Далели мустақими мардумшиносии ин падидаи муҳоҷират аз ҷониби шарқшиноси рус А. А. Семёнов, ки соли 1898 дар доираи экспедитсияи расмии граф А. А. Бобринский ба кӯҳҳои Зарафшону [[Қаротегин|Қаротегину]] Дарвоз сафар карда буд, сабт гардидааст:
''«Обитатели долины Ванджа говорили, что ихъ долина заселена недавно, лѣтъ сто тому назадъ, выходцами съ Хингоба. Это переселеніе, замѣтимъ, на Вандж съ Хингоба продолжается, вѣроятно, и до сихъ поръ: намъ здѣсь приходилось встрѣчать много туземцевъ, которые родились въ долинѣ Хингоба и недавно переселились на Ванджъ. Туземцы Дарваза по Пянджу передавали, что ихъ отцы заселили правый берегъ рѣки, когда лѣвый былъ занятъ, и пришли сюда изъ долины Хингоба, туда же переселились съ Ях-Су.»''
Тарҷума: ''«Сокинони водии Ванҷ мегуфтанд, ки водии онҳо на чандон пеш, тахминан сад сол қабл, аз ҷониби муҳоҷирони аз Хингов омада маскун шудааст. Ин муҳоҷират, бояд қайд кард, аз Хингов ба Ванҷ, эҳтимол, то ба имрӯз низ идома дорад: мо дар ин ҷо бисёр сокинонеро вохӯрдем, ки худашон дар водии Хингов таваллуд шуда, ба наздикӣ ба Ванҷ кӯчида буданд. Сокинони бумии Дарвоз дар соҳили Панҷ нақл мекарданд, ки падарони онҳо соҳили рости дарёро – вақте ки соҳили чап аллакай ишғол шуда буд – маскун сохтаанд ва ба ин ҷо аз водии Хингов омада буданд, ки худ пеш аз он аз Ях-Су ба он ҷо кӯчида буд»''.<ref name="fn432">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 20.</ref> Ин маълумоти мардумшиносӣ, ҳарчанд бар асоси ривояти шифоҳии сокинон дар охири асри XIX сабт шуда ва набояд ҳамчун санади мутлақи таърихӣ пазируфта шавад, бо ин ҳама, бо тасвири умумии дар боло овардашуда – ки водиро паноҳгоҳи гурезагони кӯҳистонӣ аз минтақаҳои гуногун меҳисобад – ҳамоҳангии комил дорад. Дар бораи таърихи куҳантари Ванҷ ҳанӯз манбаъи мувассақе ба даст нарасидааст. Аммо аз таҳқиқоти донишмандони руси тоинқилобӣ ва муҳаққиқони аҳди шӯравӣ бармеояд, ки Ванҷ қариб то охири асрҳои миёна истиқлоли худро нигоҳ медошт. Ин назарро донишманди маъруф, мутахассиси таърихи Бухорои Шарқӣ ва Бадахшон Б. Искандаров чунин баён кардааст:<ref name="fn442">Искандаров Б. И. Восточная Бухара и Памир во второй половине XIX в. Ч. 1--2. --- Душанбе, 1962--1963.</ref>
Аз мулкҳои қаламрави Дарвоз сокинони Ванҷ нисбатан мустақилияти воқеъиро соҳиб буданд. Ин ноҳияро кӯҳҳои баланд иҳота мекунанд ва он аз шоҳроҳи пайвандгоҳи мулкҳои кишвар дар канор, дар наздикиҳои доманаи лозури Федченко ҷой дорад. Аз ин ҷиҳат мулки номбурда барои аҷнабиён дастнорас буд. Ба ин нигоҳ накарда, хонҳои Қӯқанд дар охири асри XVIII - ибтидои XIX борҳо барои ғасбу тобеъ намуданаш кӯшиш ба харҷ додаанд, вале ҳама талафоту харҷашон беҳуда анҷом ёфтааст.
Ванҷ дар замони истилои муғулон ва салтанати [[Темуриён]], [[Шайбониён]] ва [[Аштархониён]] ба таври расмӣ ҷузъи қаламрави онҳо шинохта мешуд, аммо амалан мустақил буд. Ин вазъиятро метавон дар замони ташаккули давлатдории Қӯқанд (авохири асри 18 - нимаи якуми асри 19) низ мушоҳида кард. Мувофиқи маълумоти маъхазҳо, Ванҷ то замони эътироф кардани ҳукумати шоҳи Дарвоз Исмоил (1845-1863) истиқлоли худро нигоҳ дошт. Дар замони ҳукмронии шоҳони вопасини Дарвоз (1863-1877) Ванҷ бахше аз қаламрави он ҳисоб меёфт. Баъд аз пайвастани Ванҷ ба Дарвоз иқтидори ҳокимони Дарвоз афзоиши чашмгире дошт, зеро бо ҳамроҳ шудани паҳлавонони ҳузарби ванҷӣ ба сафи лашкари Исмоилшоҳ имконоти ҷангии ӯ бамаротиб афзуд. Дар бораи муносибати мураккаби Ванҷ бо ҳокимони марказии Дарвоз, ки байни итоат ва муқовимат дар навасон буд, шаҳодати арзишманди дигаре аз офицери Штаби Генералии Русия, капитан А. Кузнецов боқӣ мондааст, ки соли 1892 ба таври пажӯҳиши ҳарбӣ аз Дарвоз дидан кардааст. Тибқи гузориши ӯ, гоҳе Шоҳони Дарвоз маҷбур мешуданд бар зидди бекҳои саркаши Ванҷ лашкар бифиристанд:
''«Тѣмъ не менѣе этимъ переваломъ во время оно Дарвозскіе Ша посылали войска съ артиллеріей въ Ванчъ на усмиреніе непокорныхъ бековъ, которые портили по Пянджу дорогу и занимали оборонительно тѣснины этой рѣки.»''
Тарҷума: ''«Бо ин ҳама, тавассути ҳамин ағба буд, ки замоне Шоҳони Дарвоз лашкар бо тӯпхона ба Ванҷ мефиристоданд, барои ба итоат овардани бекҳои саркаше, ки роҳи канори Панҷро вайрон мекарданд ва тангноҳои ин дарёро ба таври мудофиавӣ ишғол менамуданд»''.<ref name="fn452">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 12–13.</ref> Мисоли дигари ин рӯҳияи истиқлолхоҳонаи Ванҷ дар хотираи мардумӣ низ маҳфуз мондааст: тибқи иттилои Кузнецов, тахминан 120 сол пеш аз боздиди ӯ, яъне дар замони Шоҳ Иброҳими Дарвоз, ҳокими Ванҷ — Шабосхон — бо роҳи ағбаи Кашолаях ба Сариқул барои ғорати қирғизҳо лашкар кашида буд:
''«Послѣдній разъ этимъ переваломъ ходилъ управитель Ванча Шабосъ-ханъ въ Сары-Колъ грабить киргизъ. Это было 120 лѣтъ тому назадъ во время Дарвозскаго Ша-Ибрагима.»''
Тарҷума: ''«Бори охирин аз ҳамин ағба ҳокими Ванҷ, Шоҳаббосхон барои ғорати қирғизҳо ба Сариқул гузашта буд. Ин ҳодиса 120 сол пеш, дар замони Шоҳи Дарвоз Иброҳим, рӯй дода буд»''.<ref name="fn462">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 21–22.</ref>
Тибқи ривояти маҳаллӣ, ки муаррихон Р. Масов ва Ҳ. Пирумшоев дар асари бунёдии худ ''«Файзи истиқлол дар "Боми ҷаҳон"»'' сабт кардаанд, дар деҳаи Кулумбаи Боло то ба имрӯз нишонаҳои коркарди тилло боқӣ мондаанд, ки гӯё дар замони истилои муғулон навкарони Чингизхон мардуми маҳаллиро маҷбуран ба ин фаъолият сафарбар карда буданд.<ref name="fn472">Масов Р. М., Пирумшоев Ҳ. Файзи истиқлол дар «Боми ҷаҳон». --- Душанбе: Дониш, 2011. --- 412 с. --- ISBN 978-99947-2-004-0. --- С. 362--363.</ref> Ин ривоят нишон медиҳад, ки ҳарчанд қудратҳои бузург метавонистанд нуфузи худро ба таври муваққатӣ ва барои истихроҷи захираҳо таҳмил кунанд, онҳо ҳеҷ гоҳ натавонистанд назорати пурраи маъмуриро дар ин дараҳои маҳкам барқарор намоянд. Дар замони салтанати Темуриён низ, тибқи маълумоти муаррихи асримиёнагӣ Абдурраззоқи [[Самарқанд|Самарқандӣ]], агарчи минтақа расман дар итоати Темур буд, он аз ҷониби шоҳони маҳаллӣ идора мешуд ва ҳатто дар лашкари Темур ҳангоми муҳосираи Қалъаи Калот (соли 1381 милодӣ) дастаҳое аз сокинони Дарвозу Қаротегин хидмат мекарданд, ки гувоҳи иқтидори ҳарбии ин кӯҳистониён аст.<ref name="fn472" />
Дар охири асри XVIII ва нимаи якуми асри XIX хонҳои Қӯқанд якчанд маротиба кӯшиши тобеъ намудани Ванҷу Дарвозро ба харҷ доданд: дар замони салтанати Умархон (1810-1822) ва Мадалихон лашкаркашиҳои пайдарпай ба самти Қаротегину Дарвоз сурат гирифтанд; чунончи соли 1834 Мадалихон бо сарварии Машариф Атолиқ лашкари бузургеро барои саркӯб кардани шоҳзодагони фирории қӯқандӣ ба ин манотиқ фиристод, ки боиси даргириҳои шадид бо сипоҳиёни маҳаллӣ гардид.<ref name="fn482">Мудабирзода. Диссертатсия // Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш, 2025.</ref> Бо вуҷуди ин талошҳо ва хароҷоти зиёди ҳарбӣ, тавре ки дар боло аз қавли Искандаров зикр гардид, Ванҷ мустақилияти воқеии худро нигоҳ дошт.
Бо таваҷҷуҳ ба ин мавзӯъ, намояндаи расмии идораи Русия дар Туркистон Г. А. Арандаренко чунин қайд намудааст:
Дар давраи Исмоилшоҳ ба дарвозиён фурсат даст дод, ки ҳокимияти худро на танҳо дар Қаротегин ва Шуғнон густариш диҳанд, балки аз [[Кӯлоб|Кӯлобу]] [[Ҳисор]] низ боҷ биситонанд, гарчи дар муддати на чандон тӯлонӣ ҳам бошад.
Тибқи таҳқиқоти навтарин, Исмоилшоҳ дар авҷи иқтидори худ ба ин доираи васеъ ҳатто Рӯшонро низ тобеъ карда буд.<ref name="fn482" /> Вақте ки дар охирҳои солҳои 1860-ум ҳокимони Кӯлобу Ҳисор – Сарахон ва Абдулкаримбий – бо лашкари тахминан 50 ҳазор нафара ба муқобили ӯ бархостанд, Исмоилшоҳ бо дастгирии неруҳои содиқи худ, аз ҷумла паҳлавонони ванҷӣ, ба онҳо муқовимати шадид нишон дод.<ref name="fn482" />
Баъди ба Русия ҳамроҳ кардани Осиёи Миёна, амир Музаффар (1860-1885) бо дастгирии фармондори вилояти Туркистон манотиқи мустақиллу нимамустақилли Бухорои Шарқиро тасарруф кард ва нерӯҳои ҳарбии худро бо сарварии Худойназар (зимистони солҳои 1877-78) ба воситаи ағбаи Работ ба Қалъаи Хумб фиристод. Худойназар Қалъаи Хумбро ишғол кард, сипас ба самти Ванҷ ҳаракат намуд. Дар наздикии деҳаи Кеврон набарди сахте рӯй дод ва аскарони амир тавонистанд лашкари Дарвозро шикаст дода, таъқиби сарбозони боқимондаро идома диҳанд. Дастаи размандагони ихтиёрии Ванҷ ҳаракати сарбозони амирро дар назди Қалъаи Рохарв – маркази Ванҷ боздоштанд. Баъди муҳосираи бенатиҷаи қалъа сарбозони амир ба Қалъаи Хумб баргаштанд. Ванҷ баъди тобеъ шудани шоҳии Дарвоз боз ду сол истиқлоли худро нигоҳ дошт. Дар давраи салтанати сулолаи манғитиён Ванҷ яке аз амлокдориҳои нисбатан бонуфузи бекии Дарвоз ба шумор мерафт.
Амлокдори Ванҷро ''«мир»'' ва ё ''«шоҳ»'' меномиданд, яъне мири Ванҷ ё шоҳи Ванҷ. Вижагии вазифаи мирӣ дар Ванҷ дар ин буд, ки номзадии мири Ванҷро бо машварат ва ройзании шахсиятҳои бонуфузи маҳаллӣ пешбарӣ мекарданд, сипас мири Дарвоз бар ӯ мувофиқат мекард ва аз амири Бухоро таъйиди ниҳойӣ дарёфт мешуд. Ҷамъ намудани андоз ва уҳдадориҳои феодалӣ ба зиммаи мир гузошта шуда буданд.
Муҳимтарин санади таърихӣ, ки сохтори деҳаҳо ва демографияи ин давраро тасдиқ мекунад, ҳуҷҷати барӯйхатгирии саросарии [[Аморати Бухоро]] дар соли 1914 мебошад. Тибқи ин санад, ки 6-уми моҳи рабиъу-с-сонии соли 1332-и ҳиҷрӣ (мутобиқ ба марти соли 1914) аз тарафи беки Дарвоз Абдусатторбек Бийи Додхоҳ бо муҳр тасдиқ шудааст, маркази амлокдории Ванҷ расман дар деҳаи Рохарв (макони Қалъаи Ванҷ) сабт гардидааст.<ref name="fn492">Ванҷ ва Язгулом 112 сол пеш аз ин // Газетаи мардумии СССР. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ин рӯйхати нодир нишон медиҳад, ки аксари мутлақи деҳаҳои имрӯзаи водӣ ҳанӯз сад сол қабл бо ҳамон номҳои таърихии худ вуҷуд доштанд ва қисми узвии сохтори маъмурии амлокдорӣ буданд.<ref name="fn492" />
Сокинони водии Ванҷ [[Инқилоби Октябр|Инқилоби Октябрро]] нисбатан хуб пазируфтанд, вале пас аз муддати кӯтоҳе муборизони маҳаллии муқовимат, аз пайравони Фузайл Махсум ва дигарон, ки бо номи ''«босмачиён»'' маъруфанд, чандин бор бо Артиши Сурх ва давлати шӯравии мустақарр дар Ванҷ даргир шуданд. Дар ин даргириҳо барои дифоъ аз ҳукумати шӯравӣ фидоиёни маҳаллӣ, мисли М. Давлатов, С. Раупов, Т. Шарифов, В. Эҳсонов, У. Меҳралишоев, Ҷ. Сафоев, Қ. Собиров ва дигарон ширкат доштанд.
Тафсилоти иловагӣ дар бораи ҳамин рухдодҳо — аз ҷумла робитаи онҳо бо мудохилаи Британия дар минтақа — дар мақолаи Т. Г. Абаева дар бораи пажӯҳишҳои А. В. Станишевский омадааст:
''«Басмаческий налет весной 1929 г. на Гарм и на Ванчский район Западного Памира был осуществлен под руководством капитана Вуда-Балларда, помощника малакандского политического агента по Читральскому княжеству.»''
Тарҷума: ''«Ҳамлаи босмачиён дар баҳори соли 1929 ба Ғарм ва ба ноҳияи Ванҷи Помири Ғарбӣ таҳти роҳбарии капитан Вуда-Баллард, ёрдамчии агенти сиёсии малаканд оид ба амораи Читрал, амалӣ гардид.»''.<ref name="fn502">Абаева Т. Г. Исследования А. В. Станишевского (Азиза Ниалло) о Памире // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 281.</ref>
Бино бар сарчашмаҳои таърихӣ, дар асрҳои миёна Ванҷ се ниҳиштаи маъдани оҳансанг дошт. Ҳанӯз дар оғози асри XX истихроҷи оҳан, гудохтани он ва оҳангарӣ яке аз пешаҳои асосии мардуми маҳаллии Ванҷ буд, ки бо ин пеша манотиқи муҷовирро бо оҳан ва афзоли хоҷагӣ, асбоби кишоварзӣ, корду шамшер ва дигар аслиҳа таъмин мекарданд.<ref name="fn512">Камалиддинов Ш. С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX --- начала XIII вв. --- Ташкент: Ӯзбекистон, 1996.</ref> Ин касби мардумии ванҷиёнро шарқшиноси маъруф М. С. Андреев ҳанӯз соли 1926 дар рисолаи махсуси худ ''«Истеҳсоли оҳан дар водии Ванҷ»'' муфассал тавсиф кардааст.<ref name="fn522">Андреев М. С. Выработка железа в долине Ванча (верховья Аму-Дарьи). --- Ташкент, 1926.</ref>
Тибқи маълумоти иловагӣ дар бораи ин ҳунари мардумӣ, гудозиши оҳан дар кӯраҳои махсуси заминӣ - чиндонҳо, ки аз сангҳои тарошиданашуда ва гил сохта мешуданд, анҷом мепазируфт; оташро тавассути дамҳои аз пӯсти буз сохташуда меафрӯхтанд ва ҳамчун сӯзишворӣ аз ангишти чӯб ва барои афрӯхтани оташ, буттаи кӯҳии ''«пӯш»''-ро истифода мекарданд.<ref name="fn532">Ходоров И. Е. Таджикистан в народном хозяйстве СССР (рус.) // Исторические материалы (istmat.org). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Як чунин кӯра тавоноӣ дошт, ки дар як шабонарӯз то 240 килограмм маъданро коркард намояд ва раванди пайвастаи гудозиш аз 2 то 5 шабонарӯз идома меёфт;<ref name="fn532" /> маҳз ҳамин технологияи маҳаллӣ ба Ванҷ имкон медод, ки аз воридоти металл аз берун вобаста набошад ва артиши худро бо аслиҳаи сард таъмин карда, худкифоии ҳарбию иқтисодиро кафолат диҳад.
Шаҳодати мустақил ва қадимтарини мустанад дар бораи ин анъанаи оҳангарӣ, ки бисту се сол пеш аз тадқиқоти Андреев сабт шудааст, аз гузориши капитан Кузнецов (соли 1892) бармеояд:
''«Серебро имѣется въ Джумарчскомъ амилякдарствѣ, свинецъ, олово у кишлака Вараунъ, желѣзо по р. оби-Ванчъ, главнымъ образомъ въ окрестностяхъ кишлака Техарви, кишлака Потау и кишлака Вань-Вань. Туземцы берутъ желѣзную руду, лежащую только на верхнихъ слояхъ земли; обжигаютъ ее въ особо-устроенныхъ печахъ, причемъ изъ 2 пудовъ руды получается желѣза полъ-пуда.»''
Тарҷума: ''«Нуқра дар амлокдории Ҷумарҷ мавҷуд аст, сурбу қалъагӣ — дар канори рустои Баравн, оҳан бошад — дар канори дарёи Ванҷ, асосан дар атрофи рустоҳои Техарв, Потов ва Ван-ван. Бумиён маъдани оҳанро, ки танҳо дар қабатҳои болоии замин ҷой дорад, бармедоранд; онро дар кӯраҳои махсус месӯзонанд, ки дар натиҷа аз ду пуд маъдан ним пуд оҳан ба даст меояд»''.<ref name="fn542">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 55–56.</ref> Кузнецов инчунин истихроҷи тиллоро дар ҳавзаи дарёи Ванҷ (дар канори Сағирдашту Язғулом), ки бо усули ибтидоии кӯшмаву ғалбер сурат мегирифт, тасвир кардааст ва аз байни ҳунарҳои дастии амлокдории Ванҷ, махсусан кордсозиро зикр намудааст:
''«Изъ кустарнаго производства обращаетъ на себя вниманіе только выдѣлка ножей въ Ванчскомъ амилякдарствѣ, да повсюду приготовленіе мату для одежды.»''
Тарҷума: ''«Аз ҳунарҳои дастӣ танҳо кордсозӣ дар амлокдории Ванҷ ва — дар ҳама ҷо — тайёр кардани мату барои либос таваҷҷуҳро ҷалб мекунад»''.<ref name="fn552">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 68.</ref>
Ванҷ аз замони [[Сомониён]] то соли 1877 ҳукумате мустақил дошта, фармонравоёни онро шоҳ мехондаанд. Соли 1878 амири Бухоро ба Дарвоз лашкар кашид ва пас аз хиёнати баъзе дарвозиён ба Дарвоз муставлӣ шуд; Дарвозро бекигарӣ ва Қалъаи Хумбро қароргоҳи урдуи манғитиён гардонд. Дарвоз тайи солҳои 1878-1920 яке аз бекигариҳои Бухоро буд ва бек дар Қалъаи Хумб менишаст ва мир хонда мешуд. Бо вуҷуди ин ҳама, Ванҷ зоҳиран дар итоати бекигарӣ буд, вале истиқлоли худро нигаҳ дошт ва пои шуми сипоҳи манғитиён ба Ванҷзамин нарасид.
Тафсилоти иловагӣ дар бораи лаҳзаҳои ниҳоии хонигарии мустақили Дарвоз низ дар ҳамин гузориши Кузнецов сабт шудааст. Тибқи маълумоти ӯ, дар арафаи суқут, аз тамоми қаламрави собиқи хонигарӣ ба охирин Шоҳи Дарвоз — Сераҷетдин — танҳо чанд мулки марказӣ, аз ҷумла худи Ванҷ, боқӣ монда буд:
''«...послѣднему дарвозскому Ша Сераджетдину принадлежали только Кала-и-Хумбъ, Ванчъ, Язулемъ, всѣ амилякдарства лѣваго берега Пянджа съ Хагономъ включительно, Хуллезъ и Вахія.»''
Тарҷума: ''«...ба охирин Шоҳи дарвозӣ Сироҷидин танҳо Қалъаи Хумб, Ванҷ, Язғулом, тамоми амлокдориҳои соҳили чапи Панҷ то Ҳагонро (Деҳагон, Деҳхагон) дар бар гирифта, инчунин Хулоз ва Вахё тааллуқ доштанд»''.<ref name="fn562">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 5.</ref> Ва ҳангоме ки соли 1878 сипоҳи бухороӣ бо сарварии Худойназар-Атолиқ ногаҳон ба Қалъаи Хумб наздик шуд, Сироҷидин-Шоҳ бидуни ҷанг таслим гардид, вале роҳи гурези худро маҳз аз тариқи Ванҷ интихоб намуд:
''«Сераджетдинъ-Ша сдалъ крѣпость безъ бою, а самъ бѣжалъ черезъ Ванчъ въ Кокандъ къ Худаяръ-хану.»''
Тарҷума: ''«Сироҷидин-Шоҳ қалъаро бидуни ҷанг таслим кард, худаш бошад, аз тариқи Ванҷ ба Қӯқанд, назди Худоёрхон гурехт»''.<ref name="fn572">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 6.</ref>
Соли 1895 бекигарии Дарвоз, ки дар ҳар ду канораи рӯди Панҷ қарор дошт, дар паи ҷаҳонгириҳои Русия ва Британия дупора гардид: канораи рост ба аморати Бухоро ва канораи чап ба Афғонистон дода шуд.<ref name="fn582">Постников А. В. Схватка на «Крыше Мира»: политики, разведчики и географы в борьбе за Памир в XIX веке. --- М.: Памятники исторической мысли, 2001. --- 416 с. --- ISBN 5-88451-100-0.</ref>
Ванҷ то соли 1920 амлокдории Қалъаи Ванҷи бекигарии Дарвози аморати Бухоро буд. Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 Ванҷ аз соли 1920 то 1924 чун тумани Ванҷ дар ҳайати вилояти Ғарми [[Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро]] ҷой дошт. Солҳои 1925-1926 Ванҷ чун ҷузъи тумани Қалъаихумби вилояти Ғарми ҶМШС Тоҷикистон ҳисоб меёфт. Солҳои 1926-1930 волости Ванҷ дар ҳайати ВМКБ буд. Солҳои 1930-1933 Ванҷ чун қисми ҳудуди ноҳияи Қалъаихумб бевосита дар тобеъияти ҷумҳурӣ буд.
Тибқи Қарори Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон аз 29 майи соли 1933, №46 расман ноҳияи Ванҷ таъсис ёфта, то соли 1937 дар тобеъияти бевоситаи ҷумҳурӣ қарор дошт. Дар асоси Қарори Президиуми КИМ-и Шӯроҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 августи соли 1937, №43 ноҳияи Ванҷ бо ҳамаи деҳшӯроҳояш: Ванҷ, Водхуд, Рованд, Техарв, Жовуд ва Язғулом расман ба ҳайати ҳудудии ВМКБ гузаронида шуд. Бино бар ин, ноҳияи Ванҷ ҳамчун воҳиди маъмурӣ дар ҳайати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 11 августи соли 1937 ташаккул ёфтааст.
{| class="wikitable"
|+Ҷадвали 2. Таҳаввулоти маъмурию ҳудудии Ванҷ (то соли 1878 – соли 1937)
!Марҳилаи таърихӣ
!Мақоми маъмурию ҳудудӣ
!Тобеияти давлатӣ/минтақавӣ
|-
|То соли 1878
|Мухторияти комил / Иттиҳод бо Дарвоз
|Идоракунии мустақил таҳти сарварии шоҳ
|-
|1878-1920
|Амлокдории Қалъаи Ванҷ
|Бекигарии Дарвоз, Аморати Бухоро
|-
|1920-1924
|Тумани Ванҷ
|Вилояти Ғарми Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро
|-
|1925-1926
|Ҷузъи тумани Қалъаихумб
|Вилояти Ғарми ҶМШС Тоҷикистон
|-
|1926-1930
|Волости Ванҷ
|Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
|-
|1930-1933
|Қисми ноҳияи Қалъаихумб
|Тобеияти бевоситаи ҶШС Тоҷикистон
|-
|29 майи 1933
|Ноҳияи Ванҷ (таъсиси мустақил)
|Тобеияти бевоситаи ҶШС Тоҷикистон
|-
|11 августи 1937
|Ноҳияи Ванҷ бо 6 деҳшӯро
|Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ)
|}
Дар нимаи солҳои 1950-ум сиёсати муҳоҷиркунонии аҳолии кӯҳистон ба водиҳои пахтакор ба Ванҷ низ бетаъсир намонд: соли 1954 сокинони водии Язғулом ба ноҳияи Куйбишеви водии Вахш кӯчонида шуданд. Гармои тоқатфарсо, беморшавии оммавӣ ва фавти зиёди кӯдакон ин муҳоҷиратро барои кӯчидагон фоҷиабор гардонд ва бахши зиёди онҳо тадриҷан ба зодгоҳи худ баргаштанд, ҳарчанд на ҳама; як ҷамоаи язғуломизабон то имрӯз дар водии Вахш боқӣ мондааст.<ref name="fn592">Из полевых записей середины прошлого века. Об экспедициях в язгулямский язык в 1950-х гг. (рус.) // Сомонаи Пажӯҳишгоҳи забоншиносии Академияи илмҳои Русия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn602">Язгулямский язык (рус.) // Экспедиции Московской школы полевой лингвистики. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn612">Астрономические знания язгулемцев (рус.) // Восток (Oriens). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Осори таърихӣ ==
Дар қаламрави Ванҷ мавзеъ, осор ва ёдгориҳои таърихии бисёр вуҷуд доранд, вале то ҳол таҳқиқоти шоистае дар ин росто анҷом наёфтааст. Тибқи омори соҳаи сайёҳии ВМКБ, дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ ба ҳолати соли 2024 15 ёдгории таърихию фарҳангӣ ба қайд гирифта шудааст.<ref name="fn622">Аз табиат ба санъати инсонӣ: 7 муъҷизаи нави ҷаҳонӣ номида шуд // Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30 марти 2024. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Барои дарки мантиқи ҷойгиршавӣ ва моҳияти ин осор, бояд заминаи таърихию сиёсии ташаккули онҳоро дарк намуд. Бино бар маълумоти таърихномаҳои асримиёнагӣ, дар садаҳои VII-VIII қаламрави кунунии Ванҷ ҷузъи вилояти таърихии Кумед буд, ки болооби дарёи Вахшро фаро гирифта, сарзамини имрӯзаи ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ва шимоли Бадахшонро дар бар мегирифт.<ref name="fn632">Таърихи Тоҷикистон // Википедиа. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Баъдтар, дар асрҳои миёна, Ванҷу Дарвоз як сарзамини воҳидро ташкил дода, бо номи ''«Курон»'' ёд мешуданд, ки маркази он деҳаи кунунии Кеврон будааст.<ref name="fn642">Таърихи шаҳр // Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Маҳз дар ин заминаи қадимии сиёсӣ, ки бо мустақилияти нисбии маҳаллӣ ва хатари доимии ҳуҷумҳои беруна тавсиф мешуд, эҳтиёҷ ба бунёди қалъаҳои мустаҳкам ба миён омад.
Пеш аз тавсифи муфассали Мушкетов, қадимтарин шаҳодати мустанади русиро дар бораи ин қалъа низ капитан Кузнецов дар гузориши соли 1892-и худ сабт кардааст. Ӯ зимни тавсифи амлокдории Ванҷ чунин навиштааст:
''«Ванчское амилякдарство расположено по р. Ванчъ и частью по правому берегу р. Пянджъ. Мѣстопребываніе амилякдара кишлакъ Кала-и-Рохарвъ (на нашихъ картахъ Кала-и-Ванчъ); имѣется небольшая крѣпостца.»''
Тарҷума: ''«Амлокдории Ванҷ дар канори дарёи Ванҷ ва қисман дар соҳили рости дарёи Панҷ ҷойгир аст. Маҳалли иқомати амлокдор рустои Қалъаи Рохарв аст (дар харитаҳои мо — Қалъаи Ванҷ); дар он қалъачаи хурде мавҷуд аст»''.<ref name="fn652">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 79.</ref>
Ин иттилои Кузнецов, ки бисту се сол пеш аз тавсифи муфассали Мушкетов сабт шудааст, собит месозад, ки номи ''«Қалъаи Ванҷ»'' барои Рохарв аллакай дар харитаҳои расмии охири асри XIX ба кор мерафт ва Рохарв аз ҳамон замон ҳамчун маркази маъмурии амлокдории Ванҷ шинохта мешуд.
Қалъаи Ванҷ дар баландии соҳили рости Ванҷоб, дар масофаи 15 км аз резишгоҳи он ба дарёи Панҷ воқеъ гашта буд. Мавқеъияти ин қалъа аз нигоҳи ҳарбию стратегӣ бисёр созгор будааст ва ба муҳофизонаш имкон медодааст, ки муддати тӯлонӣ аз худ дифоъ кунанд. Тавсифи илмии Рохарв ва қалъаи онро ҳанӯз соли 1916 узви Ҷамъияти ҷуғрофии Русия Д. И. Мушкетов интишор додааст.<ref name="fn510" /> Дар мақолаи худ, ки натиҷаи боздиди шахсии ӯст, Мушкетов мавқеи стратегии Рохарвро чунин тавсиф кардааст:
''«Административнымъ центромъ Ванча всегда былъ и есть базарный кишлакъ Рохаръ (или Рохарвъ) въ 40 дворовъ, расположенный на правомъ берегу рѣки, въ двадцати верстахъ выше ея устья, на высотѣ 5.950 футъ, у моста, ведущаго къ перевалу Гушхонъ, запирая собой, слѣдовательно, единственный конный путь на Язгулемъ, Рошанъ и Памиръ. Это важное стратегическое положеніе и было использовано древними правителями Ванча – «Шо», воздвигнувшими здѣсь крѣпость (Кала-и-Ванчъ) и избравшими ее для своей резиденціи.»''
Тарҷума: ''«Маркази маъмурии Ванҷ ҳамеша рустои бозории Рохар (ё Рохарв) буд ва то ҳол ҳамин аст – бо 40 хонавода, дар соҳили рости дарё, дар бисту версти болотар аз резишгоҳи он, дар баландии 5950 қадам, назди пуле, ки ба ағбаи Гушхон мебарад, ва бо ин васила ягона роҳи аспсаворро ба Язғулом, Рӯшон ва Помир мебандад. Маҳз ҳамин мавқеи муҳими стратегӣ буд, ки ҳокимони қадимии Ванҷ – «Шоҳ»-ҳо – истифода бурда, дар ин ҷо қалъа (Қалъаи Ванҷ) бино карданд ва онро барои худ қароргоҳ интихоб намуданд»''.<ref name="fn662">Мушкетов Д. И. Рохаръ (Кала-и-Ванчъ). --- Петроградъ: Типографія М. М. Стасюлевича, 1916. --- (Отдѣльный оттискъ изъ тома LII (1916 г.) Извѣстій Императорскаго Русскаго Географическаго Общества № 876). --- С. 7.</ref> Мушкетов инчунин интихоби маҳалли қалъаро аз нигоҳи амниятӣ шарҳ додааст:
''«Мѣсто выбрано весьма хорошо и удобно, на возвышеніи, съ котораго открытый видъ во всѣ стороны, и долина Ванча, какъ на ладони; рѣка отъ стѣнъ крѣпости въ 3 қулочяхъ, но для обезпеченности водоснабженія имѣлся къ ней подземный ходъ; невдалекѣ, на луговинѣ у рѣки, имѣется прудикъ, наполняемый ключемъ теплой, солоноватой воды, предоставляющій идеальное купанье.»''
Тарҷума: ''«Ҷой хеле хуб ва мувофиқ интихоб шудааст, дар баландие, ки аз он манзараи кушода ҳар тараф дида мешавад ва тамоми водии Ванҷ мисли кафи даст намоён аст; дарё аз деворҳои қалъа дар масофаи 3 қулочӣ ҷой дорад, вале барои таъмини бехатари обтаъминкунӣ роҳи зеризаминӣ ба он вуҷуд дошт; дар наздикӣ, дар марғзори лаби дарё, ҳавзчае ҳаст, ки аз чашмаи оби гарму намакини он пур мешавад ва барои шиноварии беҳамто мувофиқ аст»''.<ref name="fn662" /> Дар бораи сохти худи қалъа Мушкетов навиштааст:
''«Постройка, конечно, глинобитная, но довольно массивная, со стѣнами до 4 қулочей высотой, обнесенными съ трехъ сторонъ рвомъ, съ бойницами и пятью угловыми башнями. Внутреннія перегородки частью деревянныя, равно какъ и колонны, балки и двери, тонкой, старинной рѣзной работы.»''
Тарҷума: ''«Бино, албатта, гилину похсагин, валекин бисёр мустаҳкаму матин аст, бо деворҳои баланди чаҳорқулоча, ки аз се сӯйи он, хандақе бар гирди он кандаанд, бо тиркашҳову бурҷҳои панҷгонаи кунҷӣ. Деворҳои миёнгини дохилӣ, қисман, чӯбинанд, ҳамчунин, сутунҳову болорҳову дарҳои он, ки бо кандакории нафису куҳан оростаанд»''.<ref name="fn662" />
Мушкетов санаи боздиди худ ва оғози кашидани нақшаи қалъаро низ қайд кардааст: ''«Многое уже разрушено (мое посѣщеніе относится къ 11 іюля 1905 г.), но общее расположеніе еще сохранилось и я, пользуясь обстоятельными поясненіями почтеннаго шейха-токсабы Ванча, снялъ планъ всей крѣпости»'' (тарҷума: ''«Бисёр чиз аллакай хароб шудааст (боздиди ман ба 11 июли соли 1905 рост меояд), вале тартиби умумӣ то ҳол нигоҳ дошта шудааст ва ман, бо истифода аз тавзеҳоти муфассали шайх-тӯксабои эҳтиромноки Ванҷ, нақшаи тамоми қалъаро кашидам»'').<ref name="fn662" />
Нақшаи қалъа, ки Мушкетов кашидааст, 27 ҳуҷраву қисми қалъаро бо рақам нишон медиҳад, ки шарҳи онҳо чунин аст:<ref name="fn662" />
Ур - обдорхона
Дарвозахона – ҳуҷраи нигаҳбонону дарбонон
Ҳуҷраи навкарҳо
Бадарравхона – ҳоҷатхона
Долон – ҳавлии аспҳо
Ахтахона – оғилхона, ва болои он анборхонаи алаф
Пештоқ – гузаргоҳи пӯшида
Фаррошхона – ҳуҷраи сайисон
Пештоқи дуюм (баландии 3 қулоч)
Гулгунхона – ҳуҷраи пазириши меҳмонон
Ҳуҷраи худи шоҳ
Қӯрғон – сарбозхона (харобшуда)
Ғуломгардиш – долони мамониаткунандаи дидани занони дар боғ гардандагӣ
Ошхона – ошхона
Роҳрав – долон
Ғуломгард – гузаргоҳ ба қисми занона
Хазина – ҳуҷраи хазинадорӣ
Ҳаммом – ҳаммом
Пештоқи занона
Ҳуҷраи зани шоҳ – тобистона
Ҳуҷраи зани шоҳ – зимистона
Тӯпхона – манора
Рӯйи ҳавлӣ – ҳавлии пӯшида
Ҳарам (харобшуда)
Анборхона (болои ҳуҷраи 16)
Манора – ҳоло ҳуҷраи меҳмонон – меҳмонхона
Оғози роҳи зеризаминӣ ба сӯи дарё
Дар масофаи як версти болотари Рохар, дар канори роҳ, Мушкетов ду гӯри қадимиро низ ба қайд гирифтааст: ''«Въ верстѣ выше Рохара по долинѣ, около дороги, двѣ древнихъ гробницы съ фигурными стѣнами, имѣющими какое-то отношеніе къ крѣпости; интересно, что на могильномъ шестѣ, помимо обычныхъ куска матеріи и конскаго хвоста (на боковой перекладинѣ), сверху помѣщены изображенія сложенной руки (ладони) и голубя»'' (тарҷума: ''«Дар як версти болотар аз Рохар, дар паҳлӯи роҳ, ду гӯри қадимӣ бо деворҳои нақшдор ҳастанд, ки бо қалъа алоқаи муайяне доранд; ҷолиб ин аст, ки бар болои чӯби қабр, ба ғайр аз пораи матоъ ва думи асп (дар чӯби паҳлӯӣ)-и маъмулӣ, тасвири дасти гирдкардашуда (кафи даст) ва кабутар низ гузошта шудааст»'').<ref name="fn662" />
Ба ғайр аз ин, Мушкетов дар поварақи худ ёдовар шудааст, ки ягона роҳи воридшавӣ ба водӣ аз тарафи Панҷ низ бо қалъаи хурди дигаре мустаҳкам карда шуда буд: ''«Этотъ единственный выходъ кромѣ того очень искусно былъ загражденъ небольшой крѣпостцей, остатки которой еще видны на изолированномъ холмѣ въ устьѣ Ванча»'' (тарҷума: ''«Ин ягона баромадгоҳ аст, илова бар ин, хеле моҳирона бо қалъачаи хурде масдуд шуда буд, ки бақоёи он то ҳанӯз дар теппаи ҷудоуфтодаи резишгоҳи Ванҷ ҳувайдоанд»'').<ref name="fn672">Мушкетов Д. И. Рохаръ (Кала-и-Ванчъ). --- Петроградъ, 1916. --- Тавзеҳот, №4.</ref>
Тибқи мушоҳидаи ӯ, қалъа бевосита дар масири корвонрав ба сӯи ағбаи Гишхун қарор дошт, ки тавассути он роҳи корвонӣ ба водии Язғулом ва аз он ҷо ба самти баландкӯҳҳои Помир мерасид.<ref name="fn682">Долина реки Ванч // Свободный туризм (poxod.ru). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Пеш аз он ки Мушкетов худ соли 1905 аз қалъа боздид кунад, тавсифи мухтасартаре аз он – тахминан 13 сол пештар – аллакай ба қалами А. А. Семёнов тааллуқ дошт, ки соли 1898 шахсан аз қалъа дидан кардааст:
''«Въ низовьи р. Ванджа лежитъ самый значительный кишлакъ долины, Кал'аи-Ванджъ, или Кал'аи-Рохарвъ (крѣпость Ванджа, крѣпость Рохарвъ). Укрѣпленіе въ немъ до сихъ поръ на обрывистомъ берегу довольно хорошо сохранилось. Стѣны крѣпости–мѣстами глинобитныя, мѣстами сложены изъ кирпичей и камней. По бокамъ лицевой стороны крѣпости–двѣ полуразрушенныхъ зубчатыхъ башни.»''
Тарҷума: ''«Дар поёноби рӯди Ванҷ бузургтарин рустои водӣ ҷойгир аст – Қалъаи Ванҷ, ё Қалъаи Рохарв (қалъаи Ванҷ, қалъаи Рохарв). Истеҳкоми он то ба имрӯз дар соҳили баланди дарё нисбатан хуб нигоҳ дошта шудааст. Деворҳои қалъа ҷо-ҷо аз гил, ҷо-ҷо аз хишти пухтаву санг сохта шудаанд. Аз ду тарафи рӯи қалъа ду манораи нимвайрони дандонадор қарор доранд»''.<ref name="fn692">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 8.</ref> Муҳимтар аз ҳама, Семёнов санаи тахминии бунёди қалъа ва номи бинокори онро сабт кардааст – маълумоте, ки то кунун дар ягон манбаи дигари дастраси мақола наомадааст:
''«Крѣпость, по преданію, была построена лѣтъ двѣсти тому назадъ дарвазскимъ ханомъ, Азиз-Ханомъ, и, вѣроятно, не разъ служила хорошую службу ея защитникамъ во времена независимаго Дарваза. Теперь въ ней живетъ амлякдаръ (начальникъ округа) долины Вандж.»''
Тарҷума: ''«Қалъа, тибқи ривоят, тахминан дусад сол пеш аз ҷониби хони дарвозӣ – Азиз-Хон – бино ёфтааст ва эҳтимол, борҳо ба муҳофизони худ дар давраи истиқлолияти Дарвоз хидмати шоиста кардааст. Ҳоло дар он амлокдор (сарвари ноҳия, яъне шоҳ)-и водии Ванҷ зиндагӣ мекунад»''.<ref name="fn702">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 8--9.</ref> Азбаски китоб соли 1903 нашр шуда ва мушоҳидаи муаллиф соли 1898 сурат гирифтааст, ин ривоят санаи бунёди қалъаро тахминан ба солҳои 1698-1700 рабт медиҳад.
Семёнов инчунин ду навиштаи девории қалъаро айнан нусхабардорӣ кардааст: як байти форсӣ дар бораи гардиши бераҳмонаи рӯзгор, ва як ёдгории русии сайёҳони соли 1896 – ''«Прибылъ разъѣздъ 25 числа августа за старшаго общивкй Яковъ. Черновъ. и джигить Николай Каплун и перевочикъ Ашурбай. 1896 года»'' (тарҷума: ''«Гурӯҳи саворагон 25 августи соли 1896 омаданд: сардор Яков Чернов, ҷигит Николай Каплун ва тарҷумон Ашурбой»'').<ref name="fn702" />
Гумон меравад, ки дар тамоми ҳавзаҳои Бадахшон сукунати одамон ба як давраи таърихӣ мансуб будааст. Ёдгориҳои манзилӣ ва меъмориву мудофеавии асримиёнагии ғарби Бадахшон, ки дар деҳаи Баравни ҷамоати деҳоти Водхуд воқеанд ва аз ҷиҳати амнияти ҳарбӣ бисёр муносибу побарҷоянд, бо камоли таассуф, то кунун таҳқиқи шоиста нашудаанд.
Нақшу нигораҳои рӯйи харсангҳои водии Язғулом, ки дар деҳаҳои Жамаг, Андарбоғ ва Мотравн ба даст омадаанд, агарчи ҳанӯз комилан омӯхта нашудаанд, гувоҳи муътамаде аз ҳузури мардум ва сукунати онон аз замонҳои бостонӣ дар ин минтақа ҳастанд. Дар байни ин сангнигораҳо, ки ба навъи умумии петроглифҳои Помиру Бадахшон шабоҳат доранд, тасвири нахчир (бузи кӯҳӣ бо шохҳои калон), саҳнаҳои шикор бо камон, рамзҳои офтобӣ ва изи дасту пойи инсон бештар вомехӯранд; дар мифологияи мардумони эронитабор бузи кӯҳӣ рамзи покиву ҳосилхезӣ ва иртибот бо олами боло дониста мешавад.<ref name="fn622" />
Дар қаламрави Ванҷ, ба монанди дигар минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон, сағонаҳо ва дахмаҳои сангии куҳан низ аз насл ба насл боқӣ мондаанд, ки далели ошкори таърихи чандҳазорсолаи ин сарзамин мебошанд. Чунин иншооти дафнӣ, ки дар ҷойҳои махсуси сангӣ, дар баландиҳо ё ғорҳо бунёд меёфтанд, эҳтимолан боқимондаи анъанаҳои дафнии пешазисломӣ мебошанд; тибқи баъзе оинҳои қадими маҳаллӣ (аз ҷумла эътиқодоти наздик ба дини зардуштӣ), ҷасади фавтида набояд бо унсурҳои муқаддаси табиат – хок, об ё оташ – тамос мегирифт.<ref name="fn622" /> Ҳарчанд имрӯз тамоми аҳолии ноҳия мусулмони суннии ҳанафимазҳабанд ва расму оини дафни исломиро ба таври қатъӣ риоя мекунанд, мавҷудияти ин сағонаву дахмаҳо аз як давраи гузариши тӯлонии фарҳангӣ ва қабатҳои гуногуни динию эътиқодӣ дар минтақа хабар медиҳад.
Ёдгориҳои бостонии Помири Ғарбӣ, аз ҷумла мавзеъҳои қаламрави Ванҷ, дар силсилаи бунёдии ''«Харитаи бостоншиносии Тоҷикистон»'' – муҷаллади марбут ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки бостоншинос М. А. Бубнова таълиф намудааст ва ёдгориҳои давраи сангро то садаи XX фаро мегирад, – ба қайд гирифта шудаанд.<ref name="fn712">Бубнова М. А. Горно-Бадахшанская автономная область. Западный Памир (памятники каменного века --- XX в.). --- Душанбе, 2008. --- (Археологическая карта Таджикистана).</ref>
Илова бар ёдгориҳои меъморӣ ва дафнӣ, мероси беназири саноатии Ванҷ – боқимондаҳои кӯраҳои қадимии оҳангудозӣ (домнитсаҳо) – низ бахши муҳими осори таърихии ноҳия ба шумор мераванд. Тибқи маълумоти иқтисоддон И. Е. Ходоров, ки соли 1929 таҳлилҳои М. С. Андреевро дар бораи ин ҳунар тасдиқ ва иқтибос овардааст, дар боварҳои мардумии ванҷиён металли ҳосили ин кӯраҳо на танҳо арзиши истеҳсолӣ, балки хосияти шифобахш низ дошт: маҳсули онро ''«барои табобати ҳар гуна бемориҳо пешбинӣ карда, ба ҷойи дардманд мегузоштанд»''.<ref name="fn532" /> Ин боварҳо нишон медиҳанд, ки осори саноатии Ванҷ бо мероси ғайримоддӣ ва эътиқодоти мардумӣ пайванди зич доштааст, ва имрӯз боқимондаҳои ин кӯраҳо, харобаҳои коргоҳҳо ва партовҳои маъданӣ (шлакҳо) дар дараҳои Ванҷ метавонанд ҳамчун мавзеи нодири ''«бостоншиносии саноатӣ»'' мавриди пажӯҳиши минбаъда қарор гиранд.
Сарчашмаи аввалини сабти илмии ин ҳунар – 23 сол пеш аз рисолаи Андреев (1926) – низ ба Семёнов тааллуқ дорад:
''«Богатыя залежи желѣзной руды въ верховьяхъ р. Ванджа даютъ горцамъ Ванджской долины неисчерпаемый матеріалъ для различнаго рода желѣзныхъ издѣлій, которыя удовлетворяютъ самымъ разнообразнымъ требованіямъ домашняго обихода горныхъ таджиковъ и потому расходятся изъ этой огромной кузницы, какова долина Ванджа, по всему Дарвазу, Каратегину и Язгуляну, проникая даже въ отдаленные и трудно достижимые уголки Рошана, Шугнана и Вахана.»''
Тарҷума: ''«Захираҳои фаровони маъдани оҳан дар болооби рӯди Ванҷ ба кӯҳистониёни водии Ванҷ маводи беохири намудҳои гуногуни маснуъоти оҳанӣ медиҳанд, ки эҳтиёҷоти гуногуни рӯзгори тоҷикони кӯҳӣ қонеъ мегардонанд ва аз ин кӯрахонаи азим, яъне водии Ванҷ, ба тамоми Дарвозу Қаротегину Язғулом паҳн мешаванд, ҳатто ба гӯшаҳои дурдасту дастнораси Рӯшону Шуғнону Вахон низ ворид мегарданд»''.<ref name="fn722">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 62.</ref>
Семёнов инчунин номи мушаххаси деҳаеро сабт кардааст, ки дар он раванди коркарди оҳанро шахсан мушоҳида намудааст: ''«Самый способъ добыванія желѣза намъ пришлось наблюдать во кишлакѣ Сытаргъ, на Ванджѣ»'' (тарҷума: ''«Худи усули истихроҷи оҳанро мо тавонистем дар рустои Старғ, дар Ванҷ, мушоҳида кунем»'').<ref name="fn722" /> Ӯ ҳамчунин тавсифи мубодилаи тиҷоратии маснуоти оҳании Ванҷро бо минтақаҳои ҳамсоя овардааст: ''«Эти издѣлія находять большой сбыть на рынкахъ Кал'аи-Хума и въ сосѣднихъ долинахъ: Язгуляна и Оби-Хингоу, причемъ продажа на деньги совершается очень рѣдко; обыкновенно вещи мѣняются на тѣ, которыя необходимы таджикамъ Ванджа»'' (тарҷума: ''«Ин маснуъот дар бозорҳои Қалъаи Хум ва водиҳои ҳамсоя – Язғулому Оби Хингов – фурӯши хубе меёбанд, вале фурӯш ба пул хеле кам сурат мегирад; одатан молҳо ба он чизҳое иваз мешаванд, ки барои тоҷикони Ванҷ зарур аст»'').<ref name="fn732">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 64.</ref>
== Мардум ==
Аксарияти аҳолии ноҳия тоҷиконанд; инчунин теъдоди ангуштшумори русҳо ва намояндагони халқҳои дигар низ зиндагӣ мекунанд. Аҳолии ноҳия аз рӯи диёнат мусулмони суннии ҳанафимазҳабанд.<ref name="fn139" />
Мардумшиноси рус Л. Ф. Моногарова дар пажӯҳиши бунёдии худ доир ба таркиби қавмии ВМКБ, дар бораи гузаштаи қавмии ванҷиён чунин навиштааст:
''«В прошлом из припамирских народностей наиболее тесно соприкасались с горными таджиками ванчцы (правильнее ванджи), коренное население долины р. Ванч (Вандж), входившей в Бухарский эмират. Духовенство эмирата проводило насильственное обращение в суннизм всех, исповедовавших другую религию. Под влиянием суннитской идеологии у ванчцев изменились общественные и семейные взаимоотношения, моральные нормы, бытовой уклад в целом. Постепенное экономическое и культурное сближение ванчцев с таджиками привело к утрате ванчцами своего родного языка, замене его таджикским (ванчским или ванджским говором таджикского языка), а в конечном итоге к слиянию ванчцев с таджиками. Население остальных районов республики считает ванчцев таджиками. «Судя по некоторым признакам, „ванджский язык“, входя в северную подгруппу памирских языков, наиболее тесно примыкал к язгулемскому языку» [32, 131].»''
Тарҷума: ''«Дар гузашта, аз миёни халқиятҳои помирӣ, ванҷиён (дурусттараш — ванҷӣ), аҳолии бумии водии дарёи Ванҷ (Вандж), ки ҷузъи аморати Бухоро буд, бештар аз ҳама бо тоҷикони кӯҳистонӣ дар тамос буданд. Рӯҳониёни аморат нисбат ба ҳамаи пайравони дигар эътиқодҳо табдили ҷабрии мазҳаби суннӣ мегузарониданд. Таҳти таъсири мазҳаби суннӣ дар байни ванҷиён муносибатҳои ҷамъиятиву оилавӣ, меъёрҳои ахлоқӣ ва тарзи зиндагӣ дар маҷмуъ тағйир ёфтанд. Наздикшавии тадриҷии иқтисодиву фарҳангии ванҷиён бо тоҷикон боиси аз даст рафтани забони модарии ванҷиён гардид: он бо забони тоҷикӣ (гӯиши ванҷии забони тоҷикӣ) иваз шуд ва дар ниҳоят ба омезиши ванҷиён бо тоҷикон анҷомид. Аҳолии дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ ванҷиёнро тоҷик мешуморанд. «Бино бар баъзе аломатҳо, „забони ванҷӣ“, ки ба зершохаи шимолии забонҳои помирӣ дохил мешуд, аз ҳама наздиктар ба забони язғуломӣ буд» [32, 131].»''.<ref name="fn742">Моногарова Л. Ф. Этнический состав и этнические процессы в Горно-Бадахшанской автономной области Таджикской ССР // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 185–186.</ref>
Дар бораи мазорҳои муқаддаси эҳтиромшавандаи Ванҷ дар охири асри XIX, капитан Кузнецов чунин сабт кардааст:
''«Населеніе Дарвоза не отличается особой набожностью и имѣетъ весьма малое число молитвенныхъ домовъ–мечетей, по за то въ Дарвозѣ есть нѣсколько могилъ святыхъ, весьма почитаемыхъ жителями. Наибольшимъ почитаніемъ отличаются могилы: Хазретъ-и-Бурхъ на р. оби-Мазаръ, Пой-Мазаръ-Хазретъ-Садыръ-Сеибъ въ верховьяхъ р. Ванчъ и Ходжа-и-Миратбашъ-Султанъ-Сеидъ на сѣверномъ склонѣ Дарвозскихъ горъ, противъ кишлака Кальпъ.»''
Тарҷума: ''«Аҳолии Дарвоз бо диндории хосае фарқ намекунад ва шумораи хонаҳои ибодат — масҷидҳо — дар он хеле кам аст, вале дар ивазаш, дар Дарвоз якчанд мазори авлиё ҳаст, ки сокинон онҳоро сахт эҳтиром мекунанд. Бештарин эҳтиромро мазорҳои зерин доранд: Ҳазрати Бурх дар канори дарёи оби-Мазор, дар Пойи Мазор - ҳазрати Садр-соҳиб дар болооби дарёи Ванҷ ва Хоҷаи Муродбошӣ Султонсаъид дар нишеби шимолии кӯҳҳои Дарвоз, рӯ ба рӯи рустои Калп»''.<ref name="fn752">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 65.</ref>
Бар асоси омори саршумории саросарии [[Иттиҳоди Шӯравӣ]] аз соли 1939, аҳолии Ванҷ 9218 нафар буд: 9031 нафарашон ванҷиёни бумӣ, 134 нафар – рус, 6 нафар – тотор, 5 нафар – узбак ва 1 нафар – қазоқ.<ref name="fn762">Всесоюзная перепись населения 1939 года. Национальный состав населения районов, городов и крупных сёл союзных республик СССР: Ванчский район (рус.) // Демоскоп Weekly. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Бино ба омори соли 1979 аҳолии Ванҷ 15 855 нафар ва тибқи омори 1992 – 22 700 нафарро ташкил медод. Тибқи маълумоти расмӣ, соли 2009 дар ноҳия 30 700 нафар зиндагӣ мекард ва тамоми аҳолии он деҳотист.<ref name="fn311" /> Тибқи омори соли 2024 аҳолии Ванҷ ба 35 400 нафар расид. Бар асоси муқоисаи ин ду омор метавон чунин натиҷагирӣ кард, ки тайи 85 сол суръати миёнаи афзоиши солонаи аҳолии Ванҷ тақрибан 1,6 % будааст. Мардуми водии Язғулом ҳиссаи назарраси аҳолии ноҳияро ташкил медиҳанд.
Азбаски беш аз 90 дарсади масоҳати умумии ноҳия (4430,5 км²)-ро лозурҳо, қуллаҳои баландкӯҳ ва нишебиҳои санглохи корношоям фаро мегиранд, зичии расмии аҳолӣ (тақрибан 7,7-8 нафар дар як километри мураббаъ) манзараи воқеии ҷойгиршавии аҳолиро пурра инъикос намекунад – амалан тамоми сокинон дар як рахи танги қад-қади дарёҳои Ванҷобу Язғулом мутамарказ шудаанд.<ref name="fn311" /> Ин номутаносибии шадид миёни рушди табиии аҳолӣ ва маҳдудияти мутлақи заминҳои корам (соли 2012 ҳамагӣ 1381 гектар, баъдан бо азхудкунии заминҳои нав ба 2601 гектар расида)<ref name="fn311" /> яке аз сабабҳои асосии муҳоҷирати меҳнатии ноҳия маҳсуб мешавад (ниг. бахши ''«Муҳоҷирати меҳнатӣ»'').
{| class="wikitable"
|+Ҷадвали 3. Динамикаи шумораи аҳолӣ (ҳазор нафар), 1939-2013
!сол
!1939
!1979
!1992
!1995
!2000
!2002
!2003
!2004
!2005
!2006
!2007
!2008
!2009
!2011
!2012
!2013
|-
|шумора
|9,2
|15,9
|22,7
|28,4<ref name="fn472" />
|28,5<ref name="fn472" />
|28,3<ref name="fn472" />
|29,9<ref name="fn472" />
|30,1<ref name="fn472" />
|28,8<ref name="fn472" />
|30,3<ref name="fn472" />
|33,4<ref name="fn472" />
|29,7<ref name="fn472" />
|30,7<ref name="fn311" />
|30,8
|31,1
|31,3
|}
{| class="wikitable"
|+Ҷадвали 4. Динамикаи шумораи аҳолӣ (ҳазор нафар), 2014-2024
!сол
!2014
!2015
!2016
!2017
!2018
!2019
!2020
!2021
!2022
!2023
!2024
|-
|шумора
|31,7
|31,9
|32,4
|32,9
|33,6<ref name="fn772">Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2019 года. Сообщение Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан (рус.).</ref>
|34,1<ref name="fn772" />
|34,4<ref name="fn782">Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2020 года (рус.) // Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
|34,1
|34,4
|35,1
|35,4
|}
Барои солҳои 1995-2008 омори мазкур (арзиши ''«умумӣ»'', яъне аҳолии доимии сабтшуда) бар асоси таҳлили муфассали демографии Р. Масов ва Ҳ. Пирумшоев дар ''«Файзи истиқлол дар "Боми ҷаҳон"»'' (Душанбе, 2011, саҳ. 362-363) илова карда шуд. Барои солҳои 1992 ва 2009 бошад, бо мақсади нигоҳ доштани пайдарпаии рақамҳои аллакай сабтшуда аз сомонаи расмии badakhshon.tj, арзиши аслии қаблӣ боқӣ монд.
=== Фарҳанги моддӣ: либоси анъанавӣ ===
Дар шароити сарди кӯҳистони Ванҷу Бадахшон, дар гузашта истифодаи матоъҳои пашмину чармӣ бартарӣ дошт ва мероси бофандагии маҳаллӣ ба истеҳсоли матоъҳои худӣ бо рангҳои табиии гиёҳии кӯҳӣ асос меёфт.<ref name="fn792">Таҳқиқоти этнолингвистии лексикаи гӯйиши тоҷикони водии Ғорон // Диссертатсия. Санҷида шуд 24 июли 2026.</ref> Либоси занонаи суннатӣ асосан аз курта, эзор, пойафзол, сарбанд ва ороишоти гуногун иборат буд; таърихан ду намуди курта маъмул буд – куртаи якқади камартангу доманвасеъ, ки пиразанон мепӯшиданд, ва куртаҳои камзулчадор бо гиребони буғак (уфуқӣ буридашуда бо зеҳгулу гулдӯзӣ), ки духтарону арӯсон ба бар мекарданд.<ref name="fn802">Либоси миллии тоҷикон // Википедиа. Санҷида шуд 24 июли 2026.</ref> Дар минтақаи Бадахшон, аз ҷумла Ванҷу Язғулом, унсурҳои хоси либоси кӯҳистонӣ – тоқии мудаввар бо нақшҳои гулдӯзии дақику пӯпак ва ҷӯробҳои ғафси пашмин бо нақшҳои ҳандасии бисёрранг (нақши офтоб, шохи қӯчқор, чалипо ва ғайра) – то имрӯз аҳамияти худро гум накардаанд.<ref name="fn802" />
=== Фарҳанги моддӣ: манзил ва хоҷагии деҳот (тибқи маълумоти асри XIX) ===
Тавсифи қадимтарини хусусиятҳои хоси манзилу хоҷагии Ванҷ ба А. А. Семёнов (1898) тааллуқ дорад. Ӯ анборчаҳои хоси болои сутунро ба қайд гирифтааст: ''«На Ванджѣ и мѣстами по Пянджу встрѣчаются подъ хижинъ еще небольшіе, съ плоскими крышами, амбарчики (амбаръ) для хлѣба и разнаго скарба... они воткнуты надъ землею на четырехъ (подъ углами) камняхъ или столбахъ»'' (тарҷума: ''«Дар Ванҷ ва ҷо-ҷо дар Панҷ, наздики хонаҳо анборчаҳои хурди боми ҳамвор (амбор) барои нону дигар молу ашё вомехӯранд... онҳо болои замин, бар чор санг ё сутуни чоркунҷа гузошта шудаанд»'').<ref name="fn812">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 34.</ref>
Дар бораи нақшу нигори деворҳои хонаҳои Ванҷ низ маълумот овардааст: ''«По Сурхобу и Хингобу, Ванджу и Пянджу на стѣнахъ многихъ хижинъ попадаются и орнаменты въ видѣ пятенъ, различныхъ безпорядочныхъ линій или же въ видѣ дѣтски намалеванныхъ фантастическихъ деревьевъ»'' (тарҷума: ''«Дар канори Сурхобу Хингов, Ванҷу Панҷ дар деворҳои бисёр хонаҳо нақшу нигор ба шакли доғ, хатҳои бетартиби гуногун ё дарахтони хаёлии кӯдакона кашидашуда вомехӯранд»'').<ref name="fn822">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 36.</ref>
Хонаи тобистонаи хоси Ванҷ (''«чолёб»'') низ дар ин асар қайд шудааст: ''«По Ванджу и отчасти на Пянджу, кромѣ описанныхъ зимнихъ помѣщеній, встрѣчаются еще спеціальныя лѣтнія жилища (чолѣбъ), чего нѣтъ нигдѣ въ прочихъ мѣстахъ»'' (тарҷума: ''«Дар Ванҷ ва қисман дар Панҷ, ба ғайр аз хонаҳои зимистонаи тавсифшуда, боз хонаҳои махсуси тобистона (чолёб) вомехӯранд, ки дар ҷойҳои дигар вуҷуд надоранд»'').<ref name="fn832">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 44.</ref>
Ниҳоят, Семёнов камбизоатии заминҳои Ванҷ ва такягоҳи мардум ба дарахти туг (мевадиҳандаи табиъӣ)-ро тавсиф кардааст: ''«Мѣстами, какъ, напримѣръ, на Вахіо, на Ванджѣ и въ Дарвазъ по Пянджу, гдѣ природа бѣдна и преобладаетъ каменистая почва... существованіе населенія находится въ тѣсной зависимости отъ тута»'' (тарҷума: ''«Дар баъзе ҷойҳо, масалан дар Ваҳё, дар Ванҷ ва дар Дарвози канори Панҷ, ки табиат камбизоату хоки санглох бартарӣ дорад... мавҷудияти аҳолӣ ба тут вобастагии зич дорад»'').<ref name="fn842">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 56.</ref>
Дар ҳамин китоб, ду намунаи фолклори мардуми Ванҷ низ бори аввал сабт гардидаанд: масали ''«Инсон ва Мор»'' ва ҳикояи ''«Писари вазир»'', ки ҳарду аз забони як шахси мушаххас – Соҳибназар аз деҳаи Техарви болооби Ванҷ – навишта шудаанд: ''«Записано со словъ Сохиб-Назара, изъ кишлака Техарвъ, въ верховьяхъ р. Ванджа въ Дарвазѣ»'' (тарҷума: ''«Аз забони Соҳибназар, аз рустои Техарв, аз болооби рӯди Ванҷ дар Дарвоз, сабт шудааст»'').<ref name="fn852">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 99--100.</ref>
=== Расму оинҳои мотамӣ ===
Маросимҳои марбут ба давраҳои муҳими зиндагии инсон, аз ҷумла маросими мотаму дафн, дар Ванҷу Язғулом хусусиятҳои бениҳоят куҳан ва омехта аз эътиқодоти пешазисломию исломӣ (синкретӣ) то ба имрӯз нигоҳ доштаанд; ин расмҳо аз ҷониби мардумшиносони барҷаста, аз ҷумла М. С. Андреев, И. Л. Моногарова ва А. З. Розенфелд, мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд.<ref name="fn862">Расму оин ва анъанаҳо дар рӯзгори мардуми тоҷик мавқеи муҳим доранд // АМИТ «Ховар», сентябри 2017. Санҷида шуд 24 июли 2026.</ref> Дар ҷаҳонбинии мардуми кӯҳистон марг на анҷоми мутлақ, балки гузариш ба дунёи дигар ва оғози сафари нави рӯҳ дониста мешавад. Аз ҷумла, агар марҳум ҷавон бошад, барои гусели ӯ тобути махсусе бо матоъҳои равшану рангоранг (на сиёҳ) омода мекунанд, ки бо номи ''«гаҳвораи ноз»'' маъруф аст – ташбеҳи мустақими марг бо таваллуди дубора дар олами дигар, ки Розенфелд онро расми хеле куҳан ва боқимонда аз тасаввуроти бостонии мардуми ориёӣ арзёбӣ кардааст.<ref name="fn862" />
=== Айлоқравӣ ва расму оинҳои кишоварзӣ ===
Иқтисодиёти суннатии мардуми Ванҷ ба ду унсури ба ҳам вобаста – кишоварзӣ дар водиҳои танги поёнӣ ва чорводорӣ дар чарогоҳҳои баландкӯҳӣ – такя мекунад. Ҳар сол дар аввали тобистон, вақте ки заминҳои поёнӣ барои кишти ғалла, картошка ва сабзавот истифода мешаванд, раванди муҳоҷирати мавсимии подаи чорво ба чарогоҳҳои тобистонаи баландкӯҳ, ки бо номи ''«айлоқ»'' маъруф аст, оғоз мегардад.<ref name="fn862" /> Хусусияти ҷолиби ин кӯчиш дар он аст, ки қариб тамоми аҳли деҳа, бахусус занону кӯдакон, дар як рӯзи муайяншуда дастаҷамъӣ ба айлоқ мераванд, дар ҳоле ки қисме аз мардон дар деҳа мемонанд, то корҳои саҳроӣ ва обёрии заминро анҷом диҳанд.
Дар айлоқҳо занон тамоми тобистон машғули ҷӯшидани шир, тайёр кардани маска, равғани зард, дӯғу мосту тарфу ва қурут мешаванд.<ref name="fn862" />
== Забон ==
Мардуми Ванҷ бо гӯиши ванҷии забони тоҷикӣ сухан мегӯянд. Дар водии Язғулом бошад, яке аз забонҳои помирӣ – забони язғуломӣ роиҷ аст.
Лаҳҷаи ванҷии забони тоҷикӣ дар водии Ванҷ аз нимаи дуюми асри XIX густариш ёфта, забони бумии помириро, ки бо номи ванҷӣ маъруф буд, дар поёни ҳамин аср аз байн бурд. Забони ванҷӣ наздиктарин хеши забони язғуломӣ буда, ба гурӯҳи ''«шимолии»'' забонҳои помирӣ дар қатори язғуломӣ ва (эҳтимолан) саргуломӣ дохил мешуд. Мутахассисон аз байн рафтани онро ба охири асри XIX нисбат медиҳанд; мардумшиносон дар ибтидои асри XX аз ин забон танҳо чанд даҳ вожаро сабт карда тавонистаанд.<ref name="fn872">Памирские языки (рус.) // Лингвистический энциклопедический словарь. --- М.: Советская энциклопедия, 1990.</ref><ref name="fn882">Памирские языки (рус.) // Большая российская энциклопедия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Лаҳҷаҳои ванҷии забони тоҷикӣ мавзӯи таҳқиқи бунёдии эроншиноси рус А. З. Розенфелд гардидаанд, ки соли 1964 дар [[Ленинград]] монографияи махсуси ''«Ванджские говоры таджикского языка»''-ро дар ҳаҷми 151 саҳифа ба табъ расонидааст.<ref name="fn892">Розенфельд А. З. Ванджские говоры таджикского языка / ЛГУ им. А. А. Жданова. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- 151 с.</ref> Дар гуфтугӯи мардуми Ванҷ ҷӯйборҳои лозурӣ, ки деҳаҳо дар канораи онҳо бино ёфтаанд, ''«даргов»'' номида мешаванд; ба ақидаи Ҳ. Пирумшоев, ин вожа гунаи тағйирёфтаи ибораи ''«даргоҳи об»'' аст.<ref name="fn210" /> Аммо дуруст он аст, ки аслаш дарагоб/дараоб (обе ки аз дара меояд) аст, зеро дар форсии миёна "дара" "дараг" навишта ва талаффуз мешудааст. Тибқи фарзияи дигари забоншиносӣ, метавон решаи вожаи ''«дарғов»''-ро бо калимаи осетинии ''«dærg»'' (''«дароз»'') пайванд дод, яъне маънои аслии он ''«оби дароз»'' бошад.<ref name="fn1642">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §50--52.</ref>
Тибқи таснифи Розенфелд, гӯишҳои ванҷӣ ҷузъи таркибии гӯишҳои дарвозӣ буда, якҷоя бо онҳо ба гурӯҳи васеътари гӯишҳои ҷанубу шарқии забони тоҷикӣ дохил мешаванд.<ref name="fn156">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §59.</ref> Хусусияти муҳимтарини гӯишҳои дарвозиву-ванҷӣ – ҷобаҷогузории зарраи ''«ме-»''-и замони ҳозира-оянда аз аввали феъл ба охири он (миёни асос ва флексия) мебошад, ки дар ҳамаи гӯишҳои ин гурӯҳ, ба ғайр аз гӯиши болои Ванҷ, мушоҳида мешавад.<ref name="fn157">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §60, §61.</ref> Аз миёни гӯишҳои дарвозӣ, ба гӯиши ванҷӣ аз ҳама наздиктар гӯиши ягидӣ (алалхусус ба зерлаҳҷаи водхудии поёни Ванҷ) ва гӯиши миёнаи дарвозиву-ваҳиёӣ (ба лаҳҷаи миёнаи Ванҷ) мебошанд.<ref name="fn1582">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §62.</ref>
=== Лаҳҷаҳои дохилии гӯиши ванҷӣ ===
Розенфелд дар дохили гӯиши ванҷӣ се лаҳҷаи асосиро фарқ мекунад: лаҳҷаи поёни Ванҷ, лаҳҷаи миёнаи Ванҷ (ки онро боз лаҳҷаи ваҳиёиву-ванҷӣ низ меноманд) ва лаҳҷаи болои Ванҷ.<ref name="fn151">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §54.</ref>
Лаҳҷаи поёни Ванҷ дар деҳаҳои соҳили рости дарёи Ванҷ (аз резишгоҳ ба боло) – Вискроғ, Бичхарвак, Рохарв (маркази ноҳия), Бовид ва Одешт – ва дар соҳили чап – Дашти Роғ, Лангар, Гишхун ва Ғумаяк, инчунин дар деҳаҳои ҷамоати Водхуд роиҷ аст; аксарияти сокинони поёни Ванҷ ва Водхуд муҳоҷиронанд, ки бештарашон аз Дарвоз ва қисман аз болои Ванҷ ба ин ҷо кӯчидаанд.<ref name="fn152" /> Дар дохили ин лаҳҷа ду зерлаҳҷа – водхудӣ ва гишхунӣ – фарқ карда мешаванд; барои зерлаҳҷаи водхудӣ лабиалишавии қавии садоноки ''«о»'', мавҷудияти зарфи ''«fru/fre»'' ба маънои ''«поён»'' ва истифодаи шакли дуюми замони ҳозира-ояндаи феъл дар шахсҳои якум ва саввуми танҳо бо флексияи ''«-a»'' (масалан, ''«gama»'', ''«ravama»'' ба ҷои шакли маъмули дарвозиву-ванҷии ''«game»'', ''«rave»'') хос аст.<ref name="fn153">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §56, саҳ. 12.</ref>
Лаҳҷаи миёнаи Ванҷ (ваҳиёиву-ванҷӣ) аз деҳаи Бунай то деҳаҳои Доршир (дар соҳили рост) ва Гуҷовас (дар соҳили чап), то деҳаи болотарини водӣ – Поймазор – паҳн аст. Сокинони ин минтақаро ''«ваҳиёчиён»'' меноманд, зеро аксарашон муҳоҷироне мебошанд, ки аз водии Ваҳиёи Боло ба ин ҷо кӯчидаанд. Барои ин лаҳҷа мавҷудияти ҳамсадоҳои болофаринголии ''«ҳ»'' ва ''«айн»'', истифодаи пасванди ''«-ak»'' дар шахси саввуми танҳои замони гузашта (''«umadastak»'' – ''«ӯ омад»''), калимаи ''«oča»'' ба маънои ''«модар»'' (ба ҷои ''«muma»''-и роиҷ дар дигар лаҳҷаҳои ванҷӣ) ва номи ''«ruzan»'' барои равзанаи дуд хос аст; ин лаҳҷа аз рӯи аломатҳои зикршуда ба лаҳҷаи ваҳиёиву-дарвозӣ наздик мешавад.<ref name="fn154">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §57, саҳ. 12.</ref>
Лаҳҷаи болои Ванҷ аз деҳаи Доршир то сарчашмаҳои дарёи Ванҷ – дар деҳаҳои Сетарғ, Мурғутга, Ван-Вани Боло ва Поён (соҳили рост) ва Гуҷовас, Гумаст, Рованд, Гармчашма, Сунгад (соҳили чап) – паҳн аст. Сокинони ин минтақа худро ''«ванҷиҳо»'' ё ''«ванҷиёни туптӣ»'' (яъне бумӣ) меноманд ва маҳз дар ҳамин лаҳҷа лексикаи бештар архаистӣ, аз ҷумла боқимондаҳои алоҳидаи забони куҳани ванҷӣ, то имрӯз нигоҳ дошта шудааст.<ref name="fn155">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §58, саҳ. 12--13.</ref> Хусусияти муҳимтарини лаҳҷаи болои Ванҷ дар он аст, ки зарраи ''«ме-»'' дар аввали шакли феълӣ боқӣ мемонад ва ба охири он нагузашта; маҳз бо ҳамин аломат, ин лаҳҷа аз ҳамаи дигар гӯишҳои дарвозиву-ванҷӣ фарқ мекунад.<ref name="fn157" />
Аз лиҳози овоӣ (фонетикӣ), гӯишҳои ванҷӣ бо паҳншавии васеи фонемаи ''«ə»'' (ки ба садонокҳои кӯтоҳи забони адабӣ рост меояд) ва мулоимшавии садоноки ''«ӯ»'' тавсиф мешаванд.<ref name="fn1592">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §1--3, саҳ. 5--6.</ref> Далели дигари куҳансолии ин гӯишҳо паҳншавии васеи фонемаи ''«ж»'' аст, ки дар забони адабии тоҷикӣ танҳо дар се-чор калима боқӣ мондааст, ҳол он ки дар гӯишҳои ванҷӣ гурӯҳи назарраси калимаҳо бо ин ҳамсадо сабт шудаанд (масалан, ''«жеғ»'' – якрав, ''«жовидан»'' – ҷавидан).<ref name="fn1602">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §15, саҳ. 6--7.</ref> Афтодани ҳамсадои ''«д»'' дар миёни калима, ки хоси гӯишҳои дарвозиву-ванҷист, ба сохти флексияи феълӣ низ таъсир расонидааст: дар замони гузашта шахси саввуми танҳо флексияи ''«-и»''-ро мегирад (масалан, ''«babori»'' – ''«борид»''), шахси саввуми ҷамъ бошад – флексияи ''«-ин»''.<ref name="fn1612">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §11.</ref>
Дар морфология, ҷамъбандии исм тавассути пасвандҳои ''«-о»'' (умумӣ), ''«-ун»'' (барои исмҳои ҷондор) ва ''«-гала»'' (барои гурӯҳи одамон) сурат мегирад.<ref name="fn162" />
Лексикаи гӯишҳои ванҷӣ, нисбат ба гӯишҳои дарвозӣ низ, дараҷаи баландтари архаизмро нишон медиҳад: дар он калимаҳое нигоҳ дошта шудаанд, ки дар забонҳои адабии тоҷикӣ ва форсӣ дигар истифода намешаванд, вале дар ашъори Фирдавсӣ ё дар фарҳангҳои қадимӣ сабт гардидаанд (масалан, ''«кӯп»'' ба маънои ''«санг»'', ''«харсанг»'').<ref name="fn1632">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §48.</ref> Илова бар қабати калони калимаҳои помирӣ, дар гӯишҳои ванҷӣ гурӯҳи калимаҳое низ ба назар мерасанд, ки бо забони яғнобӣ ва ҳатто бо забони бостонии осетинӣ (аз шохаи шимолии забонҳои эронӣ) муштараканд.<ref name="fn1642" /> Дар ''«Феҳристи калимаҳои куҳани ванҷӣ»'', ки ҳамчун замима ба монография пайваст шудааст, Розенфелд бар пояи таҳлили лексикӣ ва фонетикӣ ба хулосае мерасад, ки забони куҳани ванҷӣ ба гурӯҳи шуғнонию рӯшонии забонҳои помирӣ тааллуқ доштааст.<ref name="fn1652">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- Замимаи «Феҳристи калимаҳои куҳани ванҷӣ».</ref>
Бархе донишмандони рус, монанди И. И. Зарубин, А. З. Розенфелд ва дигарон, назарияеро дар бораи вуҷуди куҳанзабони ванҷӣ (русӣ: старованджский язык) ироя кардаанд, ки тибқи он ин забон тақрибан дусад сол пеш аз байн рафта, гӯиши кунунии ванҷӣ ҷойгузинаш шудааст. И. И. Зарубин дар ин маврид мегӯяд:
"Забони куҳнаи ванҷӣ дар водии Ванҷ (шохоби рости Панҷ) ва саргуломӣ дар болооби дарёи Саргулом, дар шарқи вилояти Файзободи Афғонистон ривоҷ дошт. Тақрибан дусад сол пеш лаҳҷаҳои тоҷикӣ ҷои онҳоро гирифтанд".
Забоншинос Т. Н. Пахалина дар баррасии муқоисавии забонҳои помирӣ, забони ванҷиро дар силсилаи забонҳои помирӣ чунин ҷой додааст:
''«Ванджский язык, известный в настоящее время по небольшому количеству слов, зафиксированных в 1924 г. И. И. Зарубиным [6], а позднее — А. З. Розенфельд [28; 29] (в прошлом был распространен в долине Ванджа — правого притока Пянджа).»''
Тарҷума: ''«Забони ванҷӣ, ки имрӯз танҳо бо шумораи ками вожаҳо маълум аст ва соли 1924 аз ҷониби И. И. Зарубин ва баъдтар аз ҷониби А. З. Розенфелд сабт шудааст (дар гузашта дар водии Ванҷ — шохоби рости Панҷ — роиҷ буд).»''.<ref name="fn902">Пахалина Т. Н. Сравнительный обзор памирских языков // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 222.</ref>
Шаҳодати дигаре дар бораи фарҷоми ин забон дар мақолаи Т. Г. Абаева дар бораи пажӯҳишҳои А. В. Станишевский омадааст:
''«Укором в адрес лингвистов звучало сообщение о том, что в долине Ванча недавно умерли последние старики, владевшие ванчским языком.»''
Тарҷума: ''«Хабаре барои забоншиносон ҳамчун сарзаниш садо дод ва он ҳам дар бораи он, ки дар водии Ванҷ, ба наздикӣ пиронсолони охироне, ки забони куҳнаванҷиро медонистанд, аз дунё гузаштанд.»''.<ref name="fn912">Абаева Т. Г. Исследования А. В. Станишевского (Азиза Ниалло) о Памире // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 290.</ref>
Забони язғуломӣ, ки дар шаш деҳаи ҷамоати Язғулом ба кор меравад, забони бехат аст ва шумораи гӯяндагонаш тақрибан 3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад; аксари язғуломиён дузабонаанд ва забони тоҷикиро низ медонанд.<ref name="fn922">Язгулямский язык (рус.) // Лингвистический энциклопедический словарь. --- М.: Советская энциклопедия, 1990.</ref><ref name="fn932">Язгулямский язык (рус.) // Большая российская энциклопедия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Таҳқиқи бунёдии ин забон ба қалами эроншиноси маъруф Д. И. Эделман тааллуқ дорад, ки соли 1966 дар [[Маскав]] монографияи ''«Забони язғуломӣ»''-ро ба табъ расонидааст.<ref name="fn942">Эдельман Д. И. Язгулямский язык. --- М.: Наука, 1966.</ref> Пас аз муҳоҷирати соли 1954 бахше аз язғуломизабонон дар ноҳияи Куйбишеви водии Вахш низ сокин шуданд ва забони язғуломӣ то кунун дар он ҷо низ ба кор меравад.<ref name="fn602" />
Дар ''«Атласи забонҳои дар хатар қарордоштаи ҷаҳон»''-и ЮНЕСКО (таҳти таҳрири Кристофер Мозли, соли 2010), забони язғуломӣ ба зумраи забонҳои осебпазир (Vulnerable) дохил гардидааст.<ref name="fn952">Moseley Chr. (ed.) Atlas of the World\\\'s Languages in Danger. --- 3rd ed. --- Paris: UNESCO Publishing, 2010.</ref> Тибқи ҳамин Атлас, аз 15 забони дар хатар қарордоштаи Осиёи Марказӣ, 11-тояш дар Тоҷикистон, бештараш дар ҳудуди ВМКБ, роиҷ аст.<ref name="fn962">UNESCO publishes atlas of the world\\\'s languages in danger (англ.) // Тоҷикистон Ньюз Азия-Плюс, 29 июни 2017. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Пажӯҳиши ҷомеашиносии забонии Д. Пол, Э. Аббесс, К. Мюллер, К. Тиссен ва Г. Тиссен нишон медиҳад, ки муносибати сокинони водии Язғулом ба ҳарду забон – язғуломӣ ва тоҷикӣ – мусбат аст: забони модарӣ дар зиндагии рӯзмарра пурқувват боқӣ монда, ҳеҷ нишонае аз ҷойивазкунии он бо забони тоҷикӣ мушоҳида намешавад, ҳарчанд забони тоҷикиро низ дар баъзе ҳавзаҳо муфид медонанд.<ref name="fn972">Paul D., Abbess E., Müller K., Tiessen C., Tiessen G. Language Access and Tajik Language Proficiency among the Yazghulami of Tajikistan. --- SIL International, 2010.</ref> Дар пойгоҳи байналмилалии таснифи забонҳо ''«Глоттолог»'' забони куҳани ванҷӣ бо рамзи ''«oldw1238»'' ва забони язғуломӣ бо рамзи ''«yazg1240»'' сабт шудаанд.<ref name="fn982">Glottolog 5.0, коди «oldw1238» (забони куҳани ванҷӣ) ва «yazg1240» (забони язғуломӣ).</ref>
== Бахшбандӣ ==
Бар асоси Қонуни тақсимоти маъмурию ҳудудии кишвар, ноҳияи Ванҷ аз 1 шаҳрак (Ванҷ) ва 6 ҷамоат иборат аст:<ref name="fn992">Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. --- Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013. --- 332 с.</ref>
{| class="wikitable"
|+Ҷадвали 5. Ҷамоатҳои ноҳияи Ванҷ
!Ҷамоат
!Аҳолӣ (нафар)
!Деҳаҳо
|-
|ба номи Маҳмадулло Абдуллоев
|10 983
|Бичхарв, Бодалд, Ускроғ, Роғ, Дашти Роғ, Панҷшанбеобод, Убари Даргов, Рохарв, Гушхун, Ғумаяк, Бовуд, Одешт, Ҷангали Зуго
|-
|Водхуд
|2178
|Пшихарв, Даштак, Лугад, Бунига, Узбай, Лахш, Баравн, Баравни Таг, Баравни Тор, Ваҳдат, Вравз
|-
|Ҷовидон
|4201
|Бунай, Рав, Жовуд, Потов, Арнавад, Убго
|-
|Рованд
|5573
|Ширговад, Ғиҷоваст, Мудеҳарв, Вишхарвак, Старғ, Ғӯмас, Мурғутга, Рованд, Гармчашма, Ван-Ван, Сунгад, Поймазор
|-
|Техарв
|3401
|Гич, Садвадг, Сед, Шаврӯ, Техарв, Чихох, Удоб, Равгада
|-
|Язғулом
|6065
|Мотравн, Вишхарв, Будун, Шавуд, Андарбоғ, Жамаг
|}
Дар санадҳои расмии солҳои охир ҷамоати марказии ноҳия бо номи ''«деҳоти Маҳмадулло Абдуллоев»'' зикр мегардад.<ref name="fn410" />
Барои муқоиса, тибқи гузориши капитан Кузнецов, дар соли 1892 бекигарии Дарвоз (ки Ванҷ ҷузъи он буд) ба 11 амлокдорӣ тақсим мешуд:
''«Въ административномъ отношеніи Дарвозское бекство дѣлится на 11 амилякдарствъ: Чиль-Даринское, Тавиль-Даринское, Сагри-Даштское, Кала-и-Хумбское, Шикайское, Куфское, Хагонское, Май-Майское, Джумарчское, Ванчское, Вахія-болё и два особыхъ отдѣла–Язгулемскій и Тангъ-Шивскій.»''
Тарҷума: ''«Аз ҷиҳати маъмурӣ, бекигарии Дарвоз ба 11 амлокдорӣ тақсим мешавад: Чилдарин, Тавилдарин, Сағридашт, Қалъаи Хумб, Шикай, Куф, Ҳагон (Деҳхагон), Моймай, Ҷумарҷ, Ванҷ, Вахиёи Боло ва ду шӯъбаи алоҳида — Язғулом ва Тангшив»''.<ref name="fn1002">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 68.</ref>
Аз ин тақсимот бармеояд, ки Ванҷ дар соли 1892 аллакай ҳамчун амлокдории алоҳида, ва Язғулом ҳамчун шӯъбаи ниммустақилу ба таври алоҳида идорашаванда фарқ карда мешуданд — падидае, ки то андозае бо бахшбандии имрӯзаи ноҳия, ки дар он Язғулом ҷамоати алоҳида аст, монандӣ дорад.
Тақрибан ҳаштод сол пас аз гузориши Кузнецов, забоншинос Д. И. Эделман, бар пояи маводи саҳроии худ ва пажӯҳиши А. З. Розенфелд, рӯйхати муфассали рустоҳои Ванҷро чунин овардааст:
''«Население Ванджа ныне говорит по-таджикски, хотя сравнительно недавно здесь еще бытовал ванджский язык, принадлежавший к памирской группе языков. Названия кишлаков по течению Пянджа: Даштак, Узбай, Лахш, Варавз, Лангарак, Бараун, Водхуд; по Ванджу: Бич-харвак, Рог, Лангар, Гишхун, Рохарв (официально Ванч), Гумаяк, Одешт, Бунай, Потоу, Жовид, Чихох, Сед, Техарв, Гуджовас, Ширговат, Доршир, Гумаст, Сетарг, Рованд, Мургытга, Сунгад, Ван-Ван, Поймазор.»''
Тарҷума: ''«Аҳолии Ванҷ имрӯз бо забони тоҷикӣ гуфтугӯ мекунад, ҳарчанд то ба ҳамин наздикӣ, дар ин ҷо, ҳанӯз, забони куҳнванҷӣ роиҷ буд, ки ба гурӯҳи забонҳои помирӣ тааллуқ дошт. Номҳои рустоҳо дар масири Панҷ: Даштак, Взбай, Лахш, Вароваз, Лангарак, Баравн, Водхуд; дар масири Ванҷ: Бичхарвак, Роғ, Лангар, Гишхун, Рохарв (расман Ванҷ), Ғумаяк, Одешт, Бунай, Потов, Жовид, Чхох, Сед, Техарв, Ғҷовас, Шрговад, Дуршер, Ғӯмас, Старғ, Рованд, Мурғтга, Смгад, Ван-Ван, Поймазор.»''.<ref name="fn1012">Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 50.</ref>
== Хоҷагидорӣ ==
Соҳаҳои асосии хоҷагидории ноҳия ғаллакорӣ, чорводорӣ, боғдорӣ ва сабзавоткорист; дар замони шӯравӣ тамокукорӣ низ соҳаи асосӣ буд. Соли 1939 дар тамоми ВМКБ 123 колхоз мавҷуд буд, аз ҷумла дар Ванҷ 30 колхоз таъсис дода буданд.
Водии Водхуд аз қадим бо ҳосилхезии замин ва фаровонии тути худ ном баровардааст: захираи ғалла ва меваи хушки ин мавзеъ (тут, зардолу, себ) на танҳо сокинони маҳаллӣ, балки деҳоти камзамини ҳамсояро низ аз танқисӣ мераҳонд ва ибораи мардумии ''«тути Водхуд пухт, имсол ҳам ҷон ба саломат бурдем»'' аз ҳамин воқеият бармеояд.<ref name="fn210" />
Дар ноҳия 53 хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд аст. Майдони умумии заминҳои хоҷагӣ 14 417 гектар аст, аз ҷумла заминҳои корам – 1381 гектар (2012), чарогоҳҳо – 1219 гектар, боғҳо – 734 гектар. Тибқи омори соли 2012 дар ноҳияи Ванҷ 2478 тонна ғалла, 1924 тонна гӯшт, 1 млн дона тухм, 3742 тонна шир, 157 тонна чормағз, 6353 тонна сабзавот ва 11 295 тонна картошка ба даст омад. Бар асоси омори соли 2011, шумораи чорво дар хоҷагиҳо чунин буд: гов – 15 234 сар, гӯсфанду буз – 32 498 сар.
Дар давоми даҳсолаи охир сохтори хоҷагидории ноҳия ба таври куллӣ дигаргун шуд: ба ҷои 53 хоҷагии деҳқонии соли 2012, имрӯз 14 ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ 120 хоҷагии инфиродиро бо фарогирии 3217 саҳмдор муттаҳид месозад.<ref name="fn1022">Ванҷ. Рушди соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Майдони умумии заминҳои корам ба 2601 гектар расидааст, ки аз он бештар аз 1080 гектарро боғҳои мевадиҳанда ташкил медиҳанд; танҳо дар бист соли охир 282 гектар замини нав аз худ карда шудааст.<ref name="fn1032">Дар ноҳияи Ванҷ соҳаи боғпарварӣ рушд меёбад // АМИТ «Ховар», 18 ноябри 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Тибқи таҳлилҳои муқоисавӣ, дар зарфи се даҳсолаи охир истеҳсоли ғалладонагиҳо тақрибан 6 баробар, картошка 8 баробар, сабзавот 16 баробар ва мева 42 баробар афзудааст.<ref name="fn1042">Ванҷ. Ҷашни истиқлол мондагор хоҳад буд // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Танҳо то охири моҳи октябри соли 2025 аз боғоти ноҳия 2205 тонна меваи тару тозаву хушк ба бозорҳои хориҷӣ ва шаҳрҳои калони ҷумҳурӣ содирот гардид,<ref name="fn1032" /> ва моҳи августи соли 2023 кишоварзони ноҳия дар ярмаркаи Боғи ''«Куруши Кабир»''-и Душанбе зиёда аз 13 тонна маҳсулоти тару тоза ба сокинони пойтахт пешниҳод карданд.<ref name="fn1052">Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби кишоварзони ноҳияи Ванҷ // АМИТ «Ховар», августи 2023. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Аз соли 2009, вақте ки дар ноҳия аввалин ду гармхонаи намунавӣ ба кор дароварда шуданд,<ref name="fn1062">Дар Ванҷ гармхонаҳо ба кор даромаданд // АМИТ «Ховар», августи 2009. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> технологияи гармхонагӣ дар қисматҳои поёнии ноҳия паҳн шудааст. Дар давраи охир, дар ҳамкорӣ бо мутахассисони минтақаи илмӣ-таҷрибавии ''«Ҷангали Зуго»''-и Институти биологии Помир, соҳибкор Ҳайдар Фаёзов аз деҳаи Гишхун дар ноҳия парвариши озмоишии лимӯ ва дигар меваҳои ситрусиро оғоз кард – навъе, ки то ҳол дар ВМКБ танҳо хоси баъзе минтақаҳои ноҳияи Дарвоз буд.<ref name="fn1072">Ванҷ. Авлавият ба рушди лимӯпарварӣ // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Чорводорӣ ва занбӯриасалпарварӣ ===
Дар муқоиса бо давраи пеш аз истиқлол, дар ноҳия саршумори чорвои калону майда дар маҷмуъ 2 баробар, истеҳсоли гӯшт 4 баробар ва истеҳсоли тухм 31 баробар афзудааст.<ref name="fn1042" /> Тибқи омори соли 2023, саршумори чорвои калони шохдор ба 17 135 сар (нисбат ба 15 234 сар дар соли 2011) ва моли майда (гӯсфанду буз) ба 41 000 сар (нисбат ба 32 498 сар) расидааст; ҳамчунин дар хоҷагиҳои ноҳия 41 350 сари парранда ва 1082 оилаи занбӯри асал ба қайд гирифта шудааст.<ref name="fn1042" /><ref name="fn1022" /> Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди занбӯриасалпарвариро яке аз воситаҳои пасткунандаи камбизоатӣ ва таъминкунандаи шуғли деҳот муайян кардааст.
Сарватҳои зеризаминии ноҳия: пахтасанги кӯҳӣ (асбест), молибден, мармар ва ғайра; инчунин конҳои никел, оҳансанг ва оҳак мавҷуданд.
=== Муҳоҷирати меҳнатӣ ===
Мисли аксари минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон, иқтисодиёти хонаводаҳои Ванҷ ба таври назаррас аз муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳаволапулиҳо вобаста аст. Тибқи арзёбии [[Бонки Ҷаҳонӣ]] аз моҳи ноябри соли 2025, ҳаволапулиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ беш аз 30 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд ва, гарчанде вобастагӣ ба ин маблағҳо сатҳи камбизоатиро коҳиш додааст, нобаробарии даромад (нишондиҳандаи Гини) аз 32 то 38 дар байни солҳои 2021 ва 2023 афзудааст; ВМКБ дар қатори минтақаҳое зикр шудааст, ки бо маҳдудиятҳои шадиди ҷуғрофиву иқлимӣ рӯбарӯянд.<ref name="fn1082">Tajikistan Poverty and Equity Assessment (англ.) // Бонки Ҷаҳонӣ, ноябри 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Пажӯҳиши умумимиллии соҳаи тандурустӣ доир ба муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон нишон додааст, ки дар байни панҷ минтақаи кишвар (Душанбе, ВМКБ, Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ), ҳиссаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар аҳолии ВМКБ (49,59 фоиз аз намунаи пажӯҳишӣ) назар ба дигар минтақаҳо (камтар аз 32 фоиз) хеле баландтар будааст.<ref name="fn1092">Inclusion of Labor Migrants as a Potential Key Population for HIV: A Nationwide Study from Tajikistan (англ.) // PMC/NCBI. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар маҷмуи умумимиллӣ, беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон ҳарсола барои кор ба Русия мераванд; ҳаволапулиҳо дар соли 2013 қариб нисфи маҷмуи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медоданд, ки то соли 2018 ба тақрибан 30 фоиз (2,2 миллиард доллари ИМА) коҳиш ёфт.<ref name="fn1102">Dependent on Remittances, Tajikistan\\\'s Long-Term Prospects for Economic Growth and Poverty Reduction Remain Dim (англ.) // Migration Policy Institute. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Саноат ===
Дар ноҳия корхонаҳои хурди саноатӣ – сехи чӯҷабарорӣ, заводи хишти ''«Лугад»'', ҶДММ ''«Хрустал»'' – фаъолият доранд. Дар Ванҷ бозорҳои марказӣ ва марзӣ низ амал мекунанд.
25 июни соли 2025 дар ноҳия корхонаи истеҳсоли калсит, коркарди мармар ва сангҳои ороишии ҶСК ''«Мармар Стоун»'' ба кор шурӯъ кард, ки иқтидори солонаи он 40 ҳазор тонна маҳсулот буда, 40 сокини маҳаллиро бо ҷои кори доимӣ таъмин намудааст. Корхона чор хатти истеҳсолӣ дорад ва дар он беш аз 20 навъи санги табиӣ коркард мешавад; иқтидори истеҳсоли тахтасангҳои ороишӣ (мозаика) 10 ҳазор м³ ва коркарди санги мармар 160 ҳазор м³ дар як солро ташкил медиҳад.<ref name="fn1112">Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ аз Ванҷ оғоз шуд. Президент дар ин ноҳия кадом иншоотро ба истифода дод? // Asia-Plus, 25 июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn1122">Ифтитоҳи корхонаҳои истеҳсоли калсит, коркарди мармар ва сангҳои ороишии ҶСК «Мармар Стоун» дар ноҳияи Ванҷ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
Дар ҳамон рӯз Парки саноатии ноҳия мавриди истифода қарор гирифт, ки дар масоҳати 788 м² ҷойгир буда, 6 корхонаи хурди истеҳсолиро фаро мегирад: истеҳсоли макарон, бандубасти маҳсулоти лӯбиёгӣ, коркарди равғани чормағз, коркард ва бандубасти меваи хушк, истеҳсоли собун ва дару тирезаҳои пластикӣ. Фаъолияти парк дар маҷмуъ 36 сокини маҳаллиро бо кор таъмин мекунад.<ref name="fn1112" /><ref name="fn1132">Ифтитоҳи Парки саноатии ноҳияи Ванҷ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
Дар доираи ҳамин парк, инчунин корхонаи коркарди равғани ангат (Hippophae rhamnoides) – растании шифобахши худрӯй, ки дар қад-қади дарёҳои ноҳия фаровон мерӯяд – ба кор шурӯъ кардааст; иқтидори он то 500 килограмм равғани холис дар як сол буда, аз ин ашё то 12 навъи маҳсулоти фармасевтию косметологӣ омода карда мешавад.<ref name="fn1142">Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ // Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ, июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Пеш аз таъсиси ин корхона, дар деҳаи Ғуҷоваст соҳибкорзан Васила Ғафурова коргоҳи хурди коркарди ангатро таъсис дода буд, ки маводи он берун аз ноҳия низ харидор пайдо кардааст.<ref name="fn1112" /> Барои дастгирии соҳибкории хурду миёна дар солҳои 2018-2019 ба соҳибкорони ноҳия зиёда аз 6,5 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шудааст.<ref name="fn1152">Сафарҳои дохилӣ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Энергетика ===
Дар Ванҷ чандин неругоҳи хурди барқи обӣ (НБО) фаъолият мекунад. Аз ҷумла, НБО-и ''«Техарв»'' дар дарёи Ванҷ бо иқтидори 400 кВт таҷдид гардида, ба шабакаи ягонаи барқи кишвар пайваст карда шудааст; НБО-и ''«Андарбак»'' дар водии Язғулом ба шабакаи ширкати ''«Помир Энерҷӣ»'' пайваст аст.<ref name="fn1162">Реконструкция МГЭС Техарв на реке Ванч мощностью 400 кВт в Ванчском районе Горно-Бадахшанской автономной области (рус.) // CAWater-Info. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Таҳлилҳои соли 2021 нишон дода буданд, ки шабакаҳои барқии ноҳия ҳамагӣ 2,6 мегаватт барқ истеҳсол мекунанд, дар ҳоле ки барои фаъолияти пуриқтидори корхонаҳои нави саноати кӯҳӣ (ба мисли ''«Мармар Стоун»'') беш аз 5,6 мегаватт лозим буд.<ref name="fn1172">Имсол дар Ванҷ дар 15 гектар боғи нав бунёд карда шуд // АМИТ «Ховар», июли 2021. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Моҳи июни соли 2025 хатти интиқоли барқи дузанҷираи 35 ва 110-киловолтаи Хоруғ-Рӯшон бо дарозии 67,5 км ва зеристгоҳи ''«Ҷангал»'' ба маблағи умумии 114 миллион сомонӣ ба истифода дода шуд, ки интиқоли муназзами неруи барқро ба ноҳияҳои Рӯшон, Ванҷ ва Дарвоз ба маротиб беҳтар мегардонад; ҳамзамон сохтмони хатти 42-километраи интиқоли барқи 110-киловолта аз маркази ноҳияи Рӯшон то зеристгоҳи ''«Вознавд»'' оғоз ёфт, ки ба истифода додани он дар нимсолаи аввали соли 2026 пешбинӣ шудааст.<ref name="fn1182">Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон // АМИТ «Ховар», июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Нақлиёт ===
Нақлиёти ноҳия асосан автомобилист; як фурудгоҳи хурд ҳам дар шаҳраки Ванҷ (Рохарв) вуҷуд дорад. Қаламрави ғарбии ноҳия дар масири шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Мурғоб-Қулма қарор дорад; лоиҳаи таъмиру таҷдиди қитъаи ин шоҳроҳ аз Қалъаихумб то Ванҷ ва сарҳади ноҳияи Рӯшон арзиши умумии 2,5 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки то имрӯз корҳо ба маблағи 900 миллион сомонӣ анҷом ёфтаанд.<ref name="fn1192">Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ванҷ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> 25 июни соли 2025 роҳи мошингарди маркази ноҳия то нуқтаи пайвастшавӣ ба ин шоҳроҳ, иборат аз ду хатти ҳаракат бо дарозии умумии 16 км, пас аз таҷдид ба истифода дода шуд; дар дарозои роҳ истгоҳҳои нақлиётӣ ва гузаргоҳҳо барои пиёдагардон бунёд гардидаанд.<ref name="fn1112" /><ref name="fn1202">Ифтитоҳи роҳи маркази ноҳияи Ванҷ то нуқтаи пайвастшавӣ ба шоҳроҳи Душанбе--Кулма // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
23 июни соли 2025 ширкати ҳавопаймоии ''«Тоҷик Эйр»'' пас аз ёздаҳ соли танаффус (парвози охирин соли 2014 сурат гирифта буд) хатсайри ҳавоии Душанбе-Ванҷ-Душанберо аз нав кушод: парвози нахустин бо 15 мусофир анҷом ёфт. Парвоз дар ин масир 50 дақиқа тӯл кашида, тибқи ҷадвал ҳафтае як маротиба, рӯзҳои ҷумъа, бо ҳавопаймои Ан-28 иҷро мешавад ва нархи чипта дар як самт 750 сомонӣ муайян гардидааст.<ref name="fn1212">Оғози парвози ҳавопаймоӣ миёни Душанбе ва Ванҷ. Аввалин парвоз кай ва нархи чипта чанд аст? // Asia-Plus, июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn1222">Пас аз 11 сол. Аввалин парвози ҳавопаймо дар масири Душанбе-Ванҷ-Душанбе анҷом ёфт // Asia-Plus, 23 июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар доираи татбиқи ''«Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»'' (қабулшуда 28 июни соли 2024), 24 феврали соли 2026 дар шафати роҳҳои мошингарди ноҳияи Ванҷ беш аз 2000 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва сояафкану мевадиҳанда шинонида шуд.<ref name="fn1232">ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳҳои мошингарди Ванҷ беш аз 2000 бех ниҳол шинонида шуд // АМИТ «Ховар», 24 феврали 2026. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Фарҳангу маориф ==
Пеш аз инқилоб аҳолии маҳаллии Ванҷ дар масҷидҳо ва хонаҳои муллоён хатту савод меомӯхтанд ва на ҳама ақшори мардум фурсат ва имкони саводомӯзӣ доштанд. Аз ин рӯ нисбати саводнокӣ дар миёни онҳо хеле паст буд ва ба сахтӣ метавонист ба 3-10 % бирасад. Саводомӯзии саросарии аҳолиро ҳукумати шӯравӣ ба роҳ монд.
Соли 1926 нахустин мактаб дар минтақа фаъолияти худро оғоз намуд: дар он танҳо 1 муаллим – Одил Боқиев (аз деҳаи Чихох) кор мекард ва 25 талаба дар он ҷо дарс меомӯхтанд. Соли 1930 шумораи муаллимон ба 7 нафар расид. Дар авохири даҳаи 30-юми асри XX тақрибан дар ҳамаи маҳалҳои сераҳолии деҳшӯроҳои Ванҷ мактабҳои ибтидоӣ таъсис ёфтанд, ки бештари бачагону наврасон дар онҳо таҳсил мекарданд.
Тобистони соли 1941 (дар арафаи [[Ҷанги Бузурги Ватанӣ]]) дастгоҳи кинонамоишдиҳӣ дар Ванҷ сохта, ба марҳалаи истифода расид. Соли 1941 дар вилоят 41 китобхона вуҷуд дошт, аз ҷумла китобхонаи ноҳиявӣ дар маркази Ванҷ ва 12 чойхонаи сурх. Дар аввали моҳи апрели соли 1930 дар яке аз деҳаҳои баландкӯҳи водии Ванҷ – Рованд нахустин маҷлиси ҷавонон баргузор шуд.
Дар соли таҳсилии 2011-2012 дар ноҳияи Ванҷ 50 мактаб, аз ҷумла 23 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 4 мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, 13 мактаби ибтидоӣ, мактаб-интернат ва муассисаи томактабӣ вуҷуд дошт. Дар ҳамин сол дар мактабҳои ноҳия 7437 талаба таҳсил мекард, ки ба онҳо 928 муаллими соҳибмаълумоти олӣ дарс медоданд.
25 июни соли 2025 дар деҳаҳои Мотравн, Будун, Вишхарв, Жамаг, Бунай, Техарв ва Ғиҷовасти ноҳия 7 кӯдакистони нав ифтитоҳ гардид: чор кӯдакистон аз ҳисоби буҷети маҳаллии вилоят ва се кӯдакистони дигар аз ҳисоби сокинони деҳаҳо тариқи ҳашар сохта шудаанд. Ин муассисаҳо аз 20 синфхона иборат буда, барои 380 тарбиятгиранда пешбинӣ шудаанд ва дар онҳо 34 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.<ref name="fn1112" /><ref name="fn1242">Ифтитоҳи 7 кӯдакистон дар ноҳияи Ванҷ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
Дар Ванҷ 45 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 1 театр, 13 клуб, 2 автоклуб, 5 хонаи фарҳанг, 25 китобхона бо фонди 114 960 нусха китоб фаъолият мекунад. Рӯзномаи ноҳиявӣ бо номи ''«Ватан»'' нашр мешавад.
== Тиб ==
Аввалин иттилои тиббии сабтшуда дар бораи Ванҷ ба гузориши капитан Кузнецов (соли 1892) рост меояд, ки паҳншавии бемории зоб (гулбандварамӣ)-ро дар байни дигар бемориҳои маъмули Дарвоз махсус қайд кардааст:
''«Изъ другихъ болѣзней особенно развитыхъ въ Дарвозѣ, слѣдуетъ отмѣтить зобъ, главнымъ образомъ по рѣкѣ Ванчъ.»''
Тарҷума: ''«Аз дигар бемориҳое, ки дар Дарвоз хеле паҳн шудаанд, бояд зобро қайд кард, ки асосан дар канори дарёи Ванҷ вомехӯрад»''.<ref name="fn1252">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 51.</ref>
Соли 1939 дар Ванҷ маркази тиббӣ ва бемористоне барои 10 кат сохта шуда буд. Ин иттифоқ дар канори душвориҳои азиме ба вуҷуд омад: то оғози асри XX дар водӣ тибби илмӣ вуҷуд надошт ва сокинон танҳо ба гиёҳдармонӣ ва дуохонӣ такя мекарданд, ки боиси сатҳи баланди фавти модарону кӯдакон мегардид.<ref name="fn492" /> Тибқи як таҳқиқи диссертатсионӣ, гузариш ба тибби муосир бо муқовимати шадид ҳамроҳ буд: соли 1929 табиби рус Спажев, ки барои расонидани кумаки аввалияи тиббӣ ба Ванҷ фиристода шуда буд, аз ҷониби дастаҳои босмачӣ ба қатл расонида шуд – ҳодисае, ки соли 1931 бо қатли табиб Олхов дар ноҳияи ҳамҷавори Қалъаихумб такрор ёфт.<ref name="fn1262">Диссертатсия // Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ.</ref> Муҳоҷирати маҷбурии соли 1954-и сокинони водии Язғулом ба водии гарми Вахш низ оқибатҳои вазнини беҳдоштӣ – бемории оммавӣ ва фавти зиёди кӯдакон – ба бор овард, ки яке аз сабабҳои бозгашти тадриҷии як қисми муҳоҷирон ба зодгоҳашон гардид.<ref name="fn492" />
Ҳоло дар ноҳия як беморхонаи марказӣ (дар шаҳраки Рохарв, дорои 6 шуъбаи бистарикунонӣ), як беморхонаи минтақавӣ дар водии Язғулом, 22 бунгоҳи тиббӣ, маркази назорати беҳдоштӣ (санитарию эпидемиологӣ) ва 4 дорухона фаъолият доранд. Тибқи маълумоти соли 2023, ба ин шабака 57 310 нафар бемор муроҷиат кардааст – ба ҳисоби миёна беш аз 1,6 маротиба барои ҳар сокини ноҳия дар як сол.<ref name="fn1272">Ванҷ. Роҳандозии тадбирҳо дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар сохтори марказии шабака 47 духтури дорои маълумоти олӣ ва 193 корманди миёнаи тиббӣ кор мекунанд; рақами 369 нафар пизишки дорои маълумоти олӣ, ки дар маъхазҳои умумӣ оид ба ноҳия зикр мешавад, эҳтимол тамоми мутахассисони тиббии ҳудуди ноҳияро – аз ҷумла дорухонаҳо, СЭС ва муассисаҳои хусусиро – дар бар мегирад.<ref name="fn1272" />
Дар водии дурдасти Язғулом, ки пеш аз истиқлол мардум маҷбур буданд беморони вазнинро тавассути чорвои борбар ба масофаҳои дур интиқол диҳанд, имрӯз як дармонгоҳи минтақавӣ, ду маркази саломатӣ, се бунгоҳи тиббӣ дар деҳаҳои дурдаст ва як таваллудхонаи махсусгардонидашуда фаъолият доранд.<ref name="fn1272" /> Дар деҳаи Гармчашмаи ҷамоати Рованд, наздики лозури Ванҷях, як маркази саломатии муосир бо ҳамкории Вазорати тандурустӣ ва Хадамоти ҳифзи сиҳатии [[Бунёди Оғохон]] (Aga Khan Health Services) сохта шудааст.<ref name="fn1282">Ифтитоҳи маркази саломатӣ дар ноҳияи Ванҷ // АМИТ «Ховар», сентябри 2015. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар доираи барномаи миллии рушди инфрасохтори тиббӣ, соли 2025 сохтмони бинои нави Беморхонаи марказӣ барои 120 кат бо арзиши 114 миллион сомонӣ оғоз гардид.<ref name="fn1292">Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Ванҷ // Президенти Тоҷикистон, 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Барои ҳалли норасоии кадрҳо, тайи давраи соҳибистиқлолӣ 142 нафар хатмкунандаи ноҳияи Ванҷ дар муассисаҳои олии тиббии ҷумҳурӣ (пеш аз ҳама Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино) таҳсил кардаанд, ки аз ин шумора 40 нафар тавассути квотаи президентӣ буда, соли 2025 боз 22 нафари дигар ба ҳамин квота фаро гирифта шуданд.<ref name="fn1292" /> Барномаи ''«Корвони саломатӣ»''-и Вазорати тандурустӣ низ борҳо ба Ванҷ ташриф оварда, ба табибони маҳаллӣ таҷрибаандӯзӣ фароҳам овардааст.<ref name="fn1302">«Корвони саломатӣ». Сокинони ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ бо хизматрасонии ройгони тиббӣ фаро гирифта шуданд // АМИТ «Ховар», майи 2022. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Бо сабаби баландкӯҳ будани минтақа, Ванҷ таърихан ба минтақаҳои паҳншавии бемории ҷоғвар (норасоии йод) мансуб буд; тибқи маълумоти таҳлилӣ, дар натиҷаи стратегияи миллии йодизатсияи намак сатҳи паҳншавии ин беморӣ дар давраи солҳои 2019-2023 то 72 фоиз коҳиш ёфтааст.<ref name="fn1312">Авҷи Зуҳал, № 2, 2025.</ref> Бо назардошти сатҳи баланди муҳоҷирати меҳнатии сокинони ноҳия, маркази маҳаллии мубориза бар зидди ВНМО (ВИЧ) корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни ҷавонон пайваста мегузаронад.<ref name="fn1272" /> Дар давраи пандемияи [[COVID-19]] Беморхонаи марказии Ванҷ шуъбаи бемориҳои сироятиро ба реҷаи фавқулодда гузаронид, ва моҳи июни соли 2020 тибқи барномаи дастгирии [[Иттиҳоди Аврупо]] ба ин муассиса таҷҳизоти муҳофизати инфиродӣ (PPE) расонида шуд.<ref name="fn1322">EU timeframe for PPE distribution // Хадамоти амали берунии Иттиҳоди Аврупо (EEAS), июни 2020. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Беморхонаи марказӣ соли 2014 пурра ба низоми гармкунии барқӣ (аз ҳисоби неругоҳҳои хурди барқи обӣ) гузашт, ҳарчанд барои ҳолатҳои фавқулодда ҳарсола захираи эҳтиётии сӯзишворӣ нигоҳ дошта мешавад.<ref name="fn1332">Беморхонаи Ванҷ ба низоми гармкунии барқӣ гузашт // АМИТ «Ховар», январи 2014. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Тибқи санҷиши Агентии амнияти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳо (июли 2024), Беморхонаи марказии Ванҷ талаботи қонунгузории бехатарии радиатсиониро пурра риоя намуда, дараҷаи хатари фаъолияти он ''«паст»'' арзёбӣ шудааст.<ref name="fn1342">Феҳристи Агентии амнияти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ (cbrn.tj). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Варзиш ==
Ванҷ аз даврони қадим бо гуштигирони номвари худ шуҳратёр буд. Номи паҳлавонони ванҷӣ – Амонат, Сулаймон, Дилдор, Хушдил, Худоӣ, Ҳиммат, Ш. Дилов, Алифбек ва дигарон то кунун ба некӣ ёд мешавад ва қиссаҳои майдондориашон ҳанӯз вирди забони хосу ом аст. Соли 2024 гӯштини миллии тоҷикӣ ([[гӯштингирӣ]]) дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта шуда, мақоми расман байналмилалӣ касб кард; шумораи мусобиқаҳои ин намуди варзиш дар саросари ҷумҳурӣ аз 485 адад дар соли 2020 то тақрибан 4000 адад дар соли 2022 афзудааст.<ref name="fn1352">Гӯштини тоҷикӣ мақоми байналмилалӣ гирифт // Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Паҳлавони ванҷӣ [[Шакармамад Мирмамадов]], ки дар якчанд намуди варзиш (ҷудо, кураш, гӯштингирӣ) рақобат мекунад, яке аз муваффақтарин варзишгарони вазни сангини Тоҷикистон дар даҳсолаи охир аст: соҳиби медали биринҷии Бозиҳои XVIII осиёии соли 2018 дар Ҷакарта (ҷудо, +100 кг),<ref name="fn1362">Бозиҳои XVIII осиёӣ: Шакармамад ҳам соҳиби медали биринҷӣ гардид // Радиои Озодӣ. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> медали тиллои Чемпионати 13-уми Осиё оид ба кураш дар Теҳрон (июни 2024)<ref name="fn1372">Шакармамад Мирмамадов қаҳрамони Осиё оид ба кураш // Варзиш ТВ. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> ва медали тиллои Нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ дар Душанбе (28-31 августи 2024, бо иштироки беш аз 200 варзишгар аз 63 давлат) гардид.<ref name="fn1382">Варзишгари тоҷик Шакармамад Мирмамадов дар нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ медали тилло ба даст овард // АМИТ «Ховар», августи 2024. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар мусобиқаҳои Наврӯзии байналмилалӣ дар Хоруғ (марти 2025) ва Рашт (апрели 2026) низ ғолиб омада, ҳарду бор соҳиби автомобил гардид.<ref name="fn139" /><ref name="fn140">Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд // АМИТ «Ховар», 15 апрели 2026. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
25 марти соли 2020 дар ҷамоати деҳоти Язғулом бахшида ба Наврӯз мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ баргузор гардид, ки дар он беш аз 300 нафар паҳлавон на танҳо аз Ванҷ, балки аз Душанбе, [[Бохтар]], Кӯлобу Хоруғ ва ноҳияҳои Дарвозу Рӯшон иштирок карданд.<ref name="fn139" />
Дар ноҳия беш аз 40 иншооти варзишӣ мавҷуд аст. 25 июни соли 2025 дар деҳаи Убари Даргов толори варзишӣ бо масоҳати умумии 615 м², иборат аз толори асосӣ, толори тенниси рӯи миз ва ҳуҷраҳои ёрирасон, ба истифода дода шуд.<ref name="fn1112" /><ref name="fn141">Ифтитоҳи толори варзишӣ дар деҳаи Убари Даргови ноҳияи Ванҷ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref> Ҳамчунин, 15 ноябри соли 2025, дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар деҳаи Андарбоғи ҷамоати Язғулом толори варзишии замонавӣ, ки бо маблағи 480 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст, ба истифода дода шуд.<ref name="fn142" /> Пеш аз ин, 11 сентябри соли 2018 бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамин ҷамоати Язғулом низ як толори варзишӣ ба истифода дода шуда буд.<ref name="fn152" />
Ба ғайр аз гӯштин, дар солҳои охир [[волейбол]] низ дар ноҳия рушд кардааст: дар мусобиқаи маҳаллӣ 7 дастаи волейболи ҷавонон иштирок доранд, ва дастаи ноҳияи Ванҷ дар Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявии волейбол дар ноҳияи Восеъ дар қатори дастаҳои пуриқтидоре чун ''«Регар ТадАЗ»'' ва дастаи шаҳри Душанбе иштирок карда, рақобати арзанда нишон додааст.<ref name="fn143">«Регар ТадАЗ» дар мусобиқа оид ба волейбол дар ноҳияи Восеъ сазовори Шоҳҷоиза гардид // АМИТ «Ховар», июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар Бозиҳои осиёии соли 2018, ки [[самбо]] бори аввал ба барномаи он дохил шуда буд, Тоҷикистонро дар қатори дигарон ду варзишгари ҷавон – Ҷомии Ҳасанӣ ва Сомон Сангов – намояндагӣ карданд.<ref name="fn1362" />
== Шахсиятҳои маъруф ==
[[Мулло Муҳаммадёри Ванҷӣ]] (машҳур ба Мулло Ёр) – шоири маъруфи мардумии тоҷик, зодаи деҳаи Ғумаяки водии Ванҷ; мероси ӯ то имрӯз дар байни мардуми кӯҳистони тоҷик маҳбубият дорад.<ref name="fn210" />
Раҳим Масов (16 ноябри 1939, деҳаи Мудеҳарви ноҳияи Ванҷ – 21 июни 2018, Душанбе) – таърихшиноси барҷастаи тоҷик, доктори илмҳои таърих, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон; солҳои 1988-2015 директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш.<ref name="fn144">Академик Рахим Масов: жизнь, посвящённая отстаиванию национальных интересов Таджикистана (рус.) // НИАТ «Ховар», 16 ноябри 2022. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn145">Сегодня в Душанбе скончался академик Рахим Масов (рус.) // Азия-Плюс, 21 июни 2018. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Ҳайдаршо Пирумшоев (таваллуд 30 декабри 1944, ноҳияи Ванҷ) – таърихшинос, доктори илмҳои таърих, профессор; муаллифи асарҳои ''«Ванҷ»'' (М., 2004), ''«Ванҷи ману ганҷи ман»'' (Душанбе, 2013) ва таҳқиқоти сершумор оид ба таърихи Бадахшону Помир.<ref name="fn146">Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо... 30 декабри соли 2025 // Asia-Plus. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Қодири Қосим (таваллуд 9 апрели 1961, ноҳияи Ванҷ) – ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон.<ref name="fn147">Председатель Федерации независимых профсоюзов Таджикистана Кодири Косим выдвинут кандидатом в депутаты Маджлиси намояндагон (рус.) // НИАТ «Ховар», январи 2020. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Мурувватшо Бачабеков (1 майи 1944 – 9 сентябри 2023, деҳаи Баравни ҷамоати Водхуд) – устоди варзиши гӯштингирӣ, ки ӯро бунёдгузори мактаби муосири гӯштини Ванҷ медонанд; солҳои 1972-1994 устоди кафедраи тарбияи ҷисмонии Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) буд.<ref name="fn148">Устоди паҳлавонони Ванҷ Мурувватшо Бачабеков аз дунё рафт // Бомдод, 12 сентябри 2023. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Маҳмадшариф Сулаймонов (зодаи деҳаи Рованд) – устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ дар гӯштини миллӣ, ки зиёда аз панҷоҳ сол дар майдони паҳлавонӣ фаъолият дорад.<ref name="fn149">Суфраи паҳлавонӣ // Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Ҳукумат ==
Сарвари ноҳияи Ванҷ Раиси ноҳия аст, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мегардад.<ref name="fn311" /> Ниҳоди намояндагии ноҳия – Маҷлиси вакилони халқ мебошад, ки аз тарафи мардуми ноҳия ба муддати 5 сол интихоб мешавад. Маълумоти расмӣ дар бораи ноҳия дар сомонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (badakhshon.tj) ҷой дода шудааст.<ref name="fn311" />
Раисони ноҳия дар тӯли фаъолияти маъмурии он борҳо иваз шудаанд; барои мисол, 17 ноябри соли 2021 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷабори Қосим аз мансаби раиси ноҳияи Ванҷ озод карда шуда, ба ҷои ӯ Мардзода Одинашо Миршаб ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия таъин гардид.<ref name="fn150">Раисони Ванҷу Роштқалъа барканор шуданд: раҳбарони нав киянд? // Sputnik Тоҷикистон, 17 ноябри 2021. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Эзоҳ ==
{{Reflist|30em}}
== Манобеъ ==
* Андреев М. С. Выработка железа в долине Ванча (верховья Аму-Дарьи). – Ташкент, 1926.
* Бубнова М. А. Горно-Бадахшанская автономная область. Западный Памир (памятники каменного века – XX в.). – Душанбе, 2008. – (Археологическая карта Таджикистана).
* Бурхан-уд-Дин-хан Кушкеки. Путеводитель по Каттагану и Бадахшану. – Ташкент, 1926.
* Гулшанӣ. Таърихи ҳумоюн. – Душанбе, 2006.
* Искандаров Б. И. Восточная Бухара и Памир во второй половине XIX в. Ч. 1-2. – Душанбе, 1962-1963.
* Камалиддинов Ш. С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX – начала XIII вв. – Ташкент, 1996.
* Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). – Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893.
* Лашкарбеков Б. Б. Старованджский язык (vanǰivor) // Основы иранского языкознания: Среднеиранские и новоиранские языки / под ред. В. А. Ефимова. – М.: Восточная литература, 2008. – С. 61-109.
* Масов Р. М. К истории Ванчской долины // Мероси ниёгон. – Душанбе, 1999. – № 4. – С. 20-30.
* Мушкетов Д. И. Рохаръ (Кала-и-Ванчъ). – Петроградъ: Типографія М. М. Стасюлевича, 1916. – (Отдѣльный оттискъ изъ тома LII (1916 г.) Извѣстій Императорскаго Русскаго Географическаго Общества № 876).
* Пирумшоев Ҳ. Ванҷ. – М., 2004.
* Пирумшоев Ҳ., Зафаров А. Ванҷи ману ганҷи ман (очерки таърихӣ). – Душанбе, 2013.
* Постников А. В. Схватка на «Крыше Мира»: политики, разведчики и географы в борьбе за Памир в XIX веке. – М.: Памятники исторической мысли, 2001. – ISBN 5-88451-100-0.
* Розенфельд А. З. Ванджские говоры таджикского языка / ЛГУ им. А. А. Жданова. – Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. – 151 с.
* Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. – М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903.
* Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. – Душанбе: СИЭМТ, 2013.
* Эдельман Д. И. Язгулямский язык. – М.: Наука, 1966.
* Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. – М.: Наука (ГРВЛ), 1975. – С. 41-62.
* Языки мира: Иранские языки. III. Восточноиранские языки. – М.: Индрик, 2000.
* Moseley Chr. (ed.) Atlas of the World's Languages in Danger. – 3rd ed. – Paris: UNESCO Publishing, 2010.
* Paul D., Abbess E., Müller K., Tiessen C., Tiessen G. Language Access and Tajik Language Proficiency among the Yazghulami of Tajikistan. – SIL International, 2010.
== Пайвандҳо ==
* [https://www.vanjiman.com/ Сомонаи vanjiman.com]
* [https://vanj.info/ Торнамои Ванҷ (vanj.info)]
* [http://badakhshon.tj/?page_id=11224 Саҳифаи ноҳияи Ванҷ дар сомонаи расмии ВМКБ]
* [[c:Category:Vanj_District|Парвандаҳо дар Викианбор (Vanj District)]]
{{тоҷикистон-ҷуғ-нопурра}}
{{Тақсимоти маъмурии ВМКБ}}
{{Ноҳияи_Ванҷ}}
[[Гурӯҳ:Ноҳияҳои Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]]
[[Гурӯҳ:Ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]]
[[Гурӯҳ:Ноҳияи Ванҷ]]
sv40nn2j32cs7f1h17vwscb645lql29
1482026
1482025
2026-07-26T01:22:58Z

Лаҳҷаҳои ванҷии забони тоҷикӣ мавзӯи таҳқиқи бунёдии эроншиноси рус А. З. Розенфелд гардидаанд, ки соли 1964 дар [[Ленинград]] монографияи махсуси ''«Ванджские говоры таджикского языка»''-ро дар ҳаҷми 151 саҳифа ба табъ расонидааст.<ref name="fn892">Розенфельд А. З. Ванджские говоры таджикского языка / ЛГУ им. А. А. Жданова. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- 151 с.</ref> Дар гуфтугӯи мардуми Ванҷ ҷӯйборҳои лозурӣ, ки деҳаҳо дар канораи онҳо бино ёфтаанд, ''«даргов»'' номида мешаванд; ба ақидаи Ҳ. Пирумшоев, ин вожа гунаи тағйирёфтаи ибораи ''«даргоҳи об»'' аст.<ref name="fn210" /> Аммо дуруст он аст, ки аслаш дарагоб/дараоб (обе ки аз дара меояд) аст, зеро дар форсии миёна "дара" "дараг" навишта ва талаффуз мешудааст. Тибқи фарзияи дигари забоншиносӣ, метавон решаи вожаи ''«дарғов»''-ро бо калимаи осетинии ''«dærg»'' (''«дароз»'') пайванд дод, яъне маънои аслии он ''«оби дароз»'' бошад.<ref name="fn1642">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §50--52.</ref>
Тибқи таснифи Розенфелд, гӯишҳои ванҷӣ ҷузъи таркибии гӯишҳои дарвозӣ буда, якҷоя бо онҳо ба гурӯҳи васеътари гӯишҳои ҷанубу шарқии забони тоҷикӣ дохил мешаванд.<ref name="fn156">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §59.</ref> Хусусияти муҳимтарини гӯишҳои дарвозиву-ванҷӣ – ҷобаҷогузории зарраи ''«ме-»''-и замони ҳозира-оянда аз аввали феъл ба охири он (миёни асос ва флексия) мебошад, ки дар ҳамаи гӯишҳои ин гурӯҳ, ба ғайр аз гӯиши болои Ванҷ, мушоҳида мешавад.<ref name="fn157">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §60, §61.</ref> Аз миёни гӯишҳои дарвозӣ, ба гӯиши ванҷӣ аз ҳама наздиктар гӯиши ягидӣ (алалхусус ба зерлаҳҷаи водхудии поёни Ванҷ) ва гӯиши миёнаи дарвозиву-ваҳиёӣ (ба лаҳҷаи миёнаи Ванҷ) мебошанд.<ref name="fn1582">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §62.</ref>
=== Лаҳҷаҳои дохилии гӯиши ванҷӣ ===
Розенфелд дар дохили гӯиши ванҷӣ се лаҳҷаи асосиро фарқ мекунад: лаҳҷаи поёни Ванҷ, лаҳҷаи миёнаи Ванҷ (ки онро боз лаҳҷаи ваҳиёиву-ванҷӣ низ меноманд) ва лаҳҷаи болои Ванҷ.<ref name="fn151">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §54.</ref>
Лаҳҷаи поёни Ванҷ дар деҳаҳои соҳили рости дарёи Ванҷ (аз резишгоҳ ба боло) – Вискроғ, Бичхарвак, Рохарв (маркази ноҳия), Бовид ва Одешт – ва дар соҳили чап – Дашти Роғ, Лангар, Гишхун ва Ғумаяк, инчунин дар деҳаҳои ҷамоати Водхуд роиҷ аст; аксарияти сокинони поёни Ванҷ ва Водхуд муҳоҷиронанд, ки бештарашон аз Дарвоз ва қисман аз болои Ванҷ ба ин ҷо кӯчидаанд.<ref name="fn152" /> Дар дохили ин лаҳҷа ду зерлаҳҷа – водхудӣ ва гишхунӣ – фарқ карда мешаванд; барои зерлаҳҷаи водхудӣ лабиалишавии қавии садоноки ''«о»'', мавҷудияти зарфи ''«fru/fre»'' ба маънои ''«поён»'' ва истифодаи шакли дуюми замони ҳозира-ояндаи феъл дар шахсҳои якум ва саввуми танҳо бо флексияи ''«-a»'' (масалан, ''«gama»'', ''«ravama»'' ба ҷои шакли маъмули дарвозиву-ванҷии ''«game»'', ''«rave»'') хос аст.<ref name="fn153">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §56, саҳ. 12.</ref>
Лаҳҷаи миёнаи Ванҷ (ваҳиёиву-ванҷӣ) аз деҳаи Бунай то деҳаҳои Доршир (дар соҳили рост) ва Гуҷовас (дар соҳили чап), то деҳаи болотарини водӣ – Поймазор – паҳн аст. Сокинони ин минтақаро ''«ваҳиёчиён»'' меноманд, зеро аксарашон муҳоҷироне мебошанд, ки аз водии Ваҳиёи Боло ба ин ҷо кӯчидаанд. Барои ин лаҳҷа мавҷудияти ҳамсадоҳои болофаринголии ''«ҳ»'' ва ''«айн»'', истифодаи пасванди ''«-ak»'' дар шахси саввуми танҳои замони гузашта (''«umadastak»'' – ''«ӯ омад»''), калимаи ''«oča»'' ба маънои ''«модар»'' (ба ҷои ''«muma»''-и роиҷ дар дигар лаҳҷаҳои ванҷӣ) ва номи ''«ruzan»'' барои равзанаи дуд хос аст; ин лаҳҷа аз рӯи аломатҳои зикршуда ба лаҳҷаи ваҳиёиву-дарвозӣ наздик мешавад.<ref name="fn154">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §57, саҳ. 12.</ref>
Лаҳҷаи болои Ванҷ аз деҳаи Доршир то сарчашмаҳои дарёи Ванҷ – дар деҳаҳои Сетарғ, Мурғутга, Ван-Вани Боло ва Поён (соҳили рост) ва Гуҷовас, Гумаст, Рованд, Гармчашма, Сунгад (соҳили чап) – паҳн аст. Сокинони ин минтақа худро ''«ванҷиҳо»'' ё ''«ванҷиёни туптӣ»'' (яъне бумӣ) меноманд ва маҳз дар ҳамин лаҳҷа лексикаи бештар архаистӣ, аз ҷумла боқимондаҳои алоҳидаи забони куҳани ванҷӣ, то имрӯз нигоҳ дошта шудааст.<ref name="fn155">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §58, саҳ. 12--13.</ref> Хусусияти муҳимтарини лаҳҷаи болои Ванҷ дар он аст, ки зарраи ''«ме-»'' дар аввали шакли феълӣ боқӣ мемонад ва ба охири он нагузашта; маҳз бо ҳамин аломат, ин лаҳҷа аз ҳамаи дигар гӯишҳои дарвозиву-ванҷӣ фарқ мекунад.<ref name="fn157" />
Аз лиҳози овоӣ (фонетикӣ), гӯишҳои ванҷӣ бо паҳншавии васеи фонемаи ''«ə»'' (ки ба садонокҳои кӯтоҳи забони адабӣ рост меояд) ва мулоимшавии садоноки ''«ӯ»'' тавсиф мешаванд.<ref name="fn1592">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §1--3, саҳ. 5--6.</ref> Далели дигари куҳансолии ин гӯишҳо паҳншавии васеи фонемаи ''«ж»'' аст, ки дар забони адабии тоҷикӣ танҳо дар се-чор калима боқӣ мондааст, ҳол он ки дар гӯишҳои ванҷӣ гурӯҳи назарраси калимаҳо бо ин ҳамсадо сабт шудаанд (масалан, ''«жеғ»'' – якрав, ''«жовидан»'' – ҷавидан).<ref name="fn1602">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §15, саҳ. 6--7.</ref> Афтодани ҳамсадои ''«д»'' дар миёни калима, ки хоси гӯишҳои дарвозиву-ванҷист, ба сохти флексияи феълӣ низ таъсир расонидааст: дар замони гузашта шахси саввуми танҳо флексияи ''«-и»''-ро мегирад (масалан, ''«babori»'' – ''«борид»''), шахси саввуми ҷамъ бошад – флексияи ''«-ин»''.<ref name="fn1612">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §11.</ref>
Дар морфология, ҷамъбандии исм тавассути пасвандҳои ''«-о»'' (умумӣ), ''«-ун»'' (барои исмҳои ҷондор) ва ''«-гала»'' (барои гурӯҳи одамон) сурат мегирад.<ref name="fn162" />
Лексикаи гӯишҳои ванҷӣ, нисбат ба гӯишҳои дарвозӣ низ, дараҷаи баландтари архаизмро нишон медиҳад: дар он калимаҳое нигоҳ дошта шудаанд, ки дар забонҳои адабии тоҷикӣ ва форсӣ дигар истифода намешаванд, вале дар ашъори Фирдавсӣ ё дар фарҳангҳои қадимӣ сабт гардидаанд (масалан, ''«кӯп»'' ба маънои ''«санг»'', ''«харсанг»'').<ref name="fn1632">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §48.</ref> Илова бар қабати калони калимаҳои помирӣ, дар гӯишҳои ванҷӣ гурӯҳи калимаҳое низ ба назар мерасанд, ки бо забони яғнобӣ ва ҳатто бо забони бостонии осетинӣ (аз шохаи шимолии забонҳои эронӣ) муштараканд.<ref name="fn1642" /> Дар ''«Феҳристи калимаҳои куҳани ванҷӣ»'', ки ҳамчун замима ба монография пайваст шудааст, Розенфелд бар пояи таҳлили лексикӣ ва фонетикӣ ба хулосае мерасад, ки забони куҳани ванҷӣ ба гурӯҳи шуғнонию рӯшонии забонҳои помирӣ тааллуқ доштааст.<ref name="fn1652">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- Замимаи «Феҳристи калимаҳои куҳани ванҷӣ».</ref>
Бархе донишмандони рус, монанди И. И. Зарубин, А. З. Розенфелд ва дигарон, назарияеро дар бораи вуҷуди куҳанзабони ванҷӣ (русӣ: старованджский язык) ироя кардаанд, ки тибқи он ин забон тақрибан дусад сол пеш аз байн рафта, гӯиши кунунии ванҷӣ ҷойгузинаш шудааст. И. И. Зарубин дар ин маврид мегӯяд:
"Забони куҳнаи ванҷӣ дар водии Ванҷ (шохоби рости Панҷ) ва саргуломӣ дар болооби дарёи Саргулом, дар шарқи вилояти Файзободи Афғонистон ривоҷ дошт. Тақрибан дусад сол пеш лаҳҷаҳои тоҷикӣ ҷои онҳоро гирифтанд".
Забоншинос Т. Н. Пахалина дар баррасии муқоисавии забонҳои помирӣ, забони ванҷиро дар силсилаи забонҳои помирӣ чунин ҷой додааст:
''«Ванджский язык, известный в настоящее время по небольшому количеству слов, зафиксированных в 1924 г. И. И. Зарубиным [6], а позднее — А. З. Розенфельд [28; 29] (в прошлом был распространен в долине Ванджа — правого притока Пянджа).»''
Тарҷума: ''«Забони ванҷӣ, ки имрӯз танҳо бо шумораи ками вожаҳо маълум аст ва соли 1924 аз ҷониби И. И. Зарубин ва баъдтар аз ҷониби А. З. Розенфелд сабт шудааст (дар гузашта дар водии Ванҷ — шохоби рости Панҷ — роиҷ буд).»''.<ref name="fn902">Пахалина Т. Н. Сравнительный обзор памирских языков // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 222.</ref>
Шаҳодати дигаре дар бораи фарҷоми ин забон дар мақолаи Т. Г. Абаева дар бораи пажӯҳишҳои А. В. Станишевский омадааст:
''«Укором в адрес лингвистов звучало сообщение о том, что в долине Ванча недавно умерли последние старики, владевшие ванчским языком.»''
Тарҷума: ''«Хабаре барои забоншиносон ҳамчун сарзаниш садо дод ва он ҳам дар бораи он, ки дар водии Ванҷ, ба наздикӣ пиронсолони охироне, ки забони куҳнаванҷиро медонистанд, аз дунё гузаштанд.»''.<ref name="fn912">Абаева Т. Г. Исследования А. В. Станишевского (Азиза Ниалло) о Памире // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 290.</ref>
Забони язғуломӣ, ки дар шаш деҳаи ҷамоати Язғулом ба кор меравад, забони бехат аст ва шумораи гӯяндагонаш тақрибан 3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад; аксари язғуломиён дузабонаанд ва забони тоҷикиро низ медонанд.<ref name="fn922">Язгулямский язык (рус.) // Лингвистический энциклопедический словарь. --- М.: Советская энциклопедия, 1990.</ref><ref name="fn932">Язгулямский язык (рус.) // Большая российская энциклопедия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Таҳқиқи бунёдии ин забон ба қалами эроншиноси маъруф Д. И. Эделман тааллуқ дорад, ки соли 1966 дар [[Маскав]] монографияи ''«Забони язғуломӣ»''-ро ба табъ расонидааст.<ref name="fn942">Эдельман Д. И. Язгулямский язык. --- М.: Наука, 1966.</ref> Пас аз муҳоҷирати соли 1954 бахше аз язғуломизабонон дар ноҳияи Куйбишеви водии Вахш низ сокин шуданд ва забони язғуломӣ то кунун дар он ҷо низ ба кор меравад.<ref name="fn602" />
Дар ''«Атласи забонҳои дар хатар қарордоштаи ҷаҳон»''-и ЮНЕСКО (таҳти таҳрири Кристофер Мозли, соли 2010), забони язғуломӣ ба зумраи забонҳои осебпазир (Vulnerable) дохил гардидааст.<ref name="fn952">Moseley Chr. (ed.) Atlas of the World\\\'s Languages in Danger. --- 3rd ed. --- Paris: UNESCO Publishing, 2010.</ref> Тибқи ҳамин Атлас, аз 15 забони дар хатар қарордоштаи Осиёи Марказӣ, 11-тояш дар Тоҷикистон, бештараш дар ҳудуди ВМКБ, роиҷ аст.<ref name="fn962">UNESCO publishes atlas of the world\\\'s languages in danger (англ.) // Тоҷикистон Ньюз Азия-Плюс, 29 июни 2017. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Пажӯҳиши ҷомеашиносии забонии Д. Пол, Э. Аббесс, К. Мюллер, К. Тиссен ва Г. Тиссен нишон медиҳад, ки муносибати сокинони водии Язғулом ба ҳарду забон – язғуломӣ ва тоҷикӣ – мусбат аст: забони модарӣ дар зиндагии рӯзмарра пурқувват боқӣ монда, ҳеҷ нишонае аз ҷойивазкунии он бо забони тоҷикӣ мушоҳида намешавад, ҳарчанд забони тоҷикиро низ дар баъзе ҳавзаҳо муфид медонанд.<ref name="fn972">Paul D., Abbess E., Müller K., Tiessen C., Tiessen G. Language Access and Tajik Language Proficiency among the Yazghulami of Tajikistan. --- SIL International, 2010.</ref> Дар пойгоҳи байналмилалии таснифи забонҳо ''«Глоттолог»'' забони куҳани ванҷӣ бо рамзи ''«oldw1238»'' ва забони язғуломӣ бо рамзи ''«yazg1240»'' сабт шудаанд.<ref name="fn982">Glottolog 5.0, коди «oldw1238» (забони куҳани ванҷӣ) ва «yazg1240» (забони язғуломӣ).</ref>
== Бахшбандӣ ==
Бар асоси Қонуни тақсимоти маъмурию ҳудудии кишвар, ноҳияи Ванҷ аз 1 шаҳрак (Ванҷ) ва 6 ҷамоат иборат аст:<ref name="fn992">Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. --- Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013. --- 332 с.</ref>
{| class="wikitable"
|+Ҷадвали 5. Ҷамоатҳои ноҳияи Ванҷ
!Ҷамоат
!Аҳолӣ (нафар)
!Деҳаҳо
|-
|ба номи Маҳмадулло Абдуллоев
|10 983
|Бичхарв, Бодалд, Ускроғ, Роғ, Дашти Роғ, Панҷшанбеобод, Убари Даргов, Рохарв, Гушхун, Ғумаяк, Бовуд, Одешт, Ҷангали Зуго
|-
|Водхуд
|2178
|Пшихарв, Даштак, Лугад, Бунига, Узбай, Лахш, Баравн, Баравни Таг, Баравни Тор, Ваҳдат, Вравз
|-
|Ҷовидон
|4201
|Бунай, Рав, Жовуд, Потов, Арнавад, Убго
|-
|Рованд
|5573
|Ширговад, Ғиҷоваст, Мудеҳарв, Вишхарвак, Старғ, Ғӯмас, Мурғутга, Рованд, Гармчашма, Ван-Ван, Сунгад, Поймазор
|-
|Техарв
|3401
|Гич, Садвадг, Сед, Шаврӯ, Техарв, Чихох, Удоб, Равгада
|-
|Язғулом
|6065
|Мотравн, Вишхарв, Будун, Шавуд, Андарбоғ, Жамаг
|}
Дар санадҳои расмии солҳои охир ҷамоати марказии ноҳия бо номи ''«деҳоти Маҳмадулло Абдуллоев»'' зикр мегардад.<ref name="fn410" />
Барои муқоиса, тибқи гузориши капитан Кузнецов, дар соли 1892 бекигарии Дарвоз (ки Ванҷ ҷузъи он буд) ба 11 амлокдорӣ тақсим мешуд:
''«Въ административномъ отношеніи Дарвозское бекство дѣлится на 11 амилякдарствъ: Чиль-Даринское, Тавиль-Даринское, Сагри-Даштское, Кала-и-Хумбское, Шикайское, Куфское, Хагонское, Май-Майское, Джумарчское, Ванчское, Вахія-болё и два особыхъ отдѣла–Язгулемскій и Тангъ-Шивскій.»''
Тарҷума: ''«Аз ҷиҳати маъмурӣ, бекигарии Дарвоз ба 11 амлокдорӣ тақсим мешавад: Чилдарин, Тавилдарин, Сағридашт, Қалъаи Хумб, Шикай, Куф, Ҳагон (Деҳхагон), Моймай, Ҷумарҷ, Ванҷ, Вахиёи Боло ва ду шӯъбаи алоҳида — Язғулом ва Тангшив»''.<ref name="fn1002">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 68.</ref>
Аз ин тақсимот бармеояд, ки Ванҷ дар соли 1892 аллакай ҳамчун амлокдории алоҳида, ва Язғулом ҳамчун шӯъбаи ниммустақилу ба таври алоҳида идорашаванда фарқ карда мешуданд — падидае, ки то андозае бо бахшбандии имрӯзаи ноҳия, ки дар он Язғулом ҷамоати алоҳида аст, монандӣ дорад.
Тақрибан ҳаштод сол пас аз гузориши Кузнецов, забоншинос Д. И. Эделман, бар пояи маводи саҳроии худ ва пажӯҳиши А. З. Розенфелд, рӯйхати муфассали рустоҳои Ванҷро чунин овардааст:
''«Население Ванджа ныне говорит по-таджикски, хотя сравнительно недавно здесь еще бытовал ванджский язык, принадлежавший к памирской группе языков. Названия кишлаков по течению Пянджа: Даштак, Узбай, Лахш, Варавз, Лангарак, Бараун, Водхуд; по Ванджу: Бич-харвак, Рог, Лангар, Гишхун, Рохарв (официально Ванч), Гумаяк, Одешт, Бунай, Потоу, Жовид, Чихох, Сед, Техарв, Гуджовас, Ширговат, Доршир, Гумаст, Сетарг, Рованд, Мургытга, Сунгад, Ван-Ван, Поймазор.»''
Тарҷума: ''«Аҳолии Ванҷ имрӯз бо забони тоҷикӣ гуфтугӯ мекунад, ҳарчанд то ба ҳамин наздикӣ, дар ин ҷо, ҳанӯз, забони куҳнванҷӣ роиҷ буд, ки ба гурӯҳи забонҳои помирӣ тааллуқ дошт. Номҳои рустоҳо дар масири Панҷ: Даштак, Взбай, Лахш, Вароваз, Лангарак, Баравн, Водхуд; дар масири Ванҷ: Бичхарвак, Роғ, Лангар, Гишхун, Рохарв (расман Ванҷ), Ғумаяк, Одешт, Бунай, Потов, Жовид, Чхох, Сед, Техарв, Ғҷовас, Шрговад, Дуршер, Ғӯмас, Старғ, Рованд, Мурғтга, Смгад, Ван-Ван, Поймазор.»''.<ref name="fn1012">Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 50.</ref>
== Хоҷагидорӣ ==
Соҳаҳои асосии хоҷагидории ноҳия ғаллакорӣ, чорводорӣ, боғдорӣ ва сабзавоткорист; дар замони шӯравӣ тамокукорӣ низ соҳаи асосӣ буд. Соли 1939 дар тамоми ВМКБ 123 колхоз мавҷуд буд, аз ҷумла дар Ванҷ 30 колхоз таъсис дода буданд.
Водии Водхуд аз қадим бо ҳосилхезии замин ва фаровонии тути худ ном баровардааст: захираи ғалла ва меваи хушки ин мавзеъ (тут, зардолу, себ) на танҳо сокинони маҳаллӣ, балки деҳоти камзамини ҳамсояро низ аз танқисӣ мераҳонд ва ибораи мардумии ''«тути Водхуд пухт, имсол ҳам ҷон ба саломат бурдем»'' аз ҳамин воқеият бармеояд.<ref name="fn210" />
Дар ноҳия 53 хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд аст. Майдони умумии заминҳои хоҷагӣ 14 417 гектар аст, аз ҷумла заминҳои корам – 1381 гектар (2012), чарогоҳҳо – 1219 гектар, боғҳо – 734 гектар. Тибқи омори соли 2012 дар ноҳияи Ванҷ 2478 тонна ғалла, 1924 тонна гӯшт, 1 млн дона тухм, 3742 тонна шир, 157 тонна чормағз, 6353 тонна сабзавот ва 11 295 тонна картошка ба даст омад. Бар асоси омори соли 2011, шумораи чорво дар хоҷагиҳо чунин буд: гов – 15 234 сар, гӯсфанду буз – 32 498 сар.
Дар давоми даҳсолаи охир сохтори хоҷагидории ноҳия ба таври куллӣ дигаргун шуд: ба ҷои 53 хоҷагии деҳқонии соли 2012, имрӯз 14 ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ 120 хоҷагии инфиродиро бо фарогирии 3217 саҳмдор муттаҳид месозад.<ref name="fn1022">Ванҷ. Рушди соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Майдони умумии заминҳои корам ба 2601 гектар расидааст, ки аз он бештар аз 1080 гектарро боғҳои мевадиҳанда ташкил медиҳанд; танҳо дар бист соли охир 282 гектар замини нав аз худ карда шудааст.<ref name="fn1032">Дар ноҳияи Ванҷ соҳаи боғпарварӣ рушд меёбад // АМИТ «Ховар», 18 ноябри 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Тибқи таҳлилҳои муқоисавӣ, дар зарфи се даҳсолаи охир истеҳсоли ғалладонагиҳо тақрибан 6 баробар, картошка 8 баробар, сабзавот 16 баробар ва мева 42 баробар афзудааст.<ref name="fn1042">Ванҷ. Ҷашни истиқлол мондагор хоҳад буд // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Танҳо то охири моҳи октябри соли 2025 аз боғоти ноҳия 2205 тонна меваи тару тозаву хушк ба бозорҳои хориҷӣ ва шаҳрҳои калони ҷумҳурӣ содирот гардид,<ref name="fn1032" /> ва моҳи августи соли 2023 кишоварзони ноҳия дар ярмаркаи Боғи ''«Куруши Кабир»''-и Душанбе зиёда аз 13 тонна маҳсулоти тару тоза ба сокинони пойтахт пешниҳод карданд.<ref name="fn1052">Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби кишоварзони ноҳияи Ванҷ // АМИТ «Ховар», августи 2023. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Аз соли 2009, вақте ки дар ноҳия аввалин ду гармхонаи намунавӣ ба кор дароварда шуданд,<ref name="fn1062">Дар Ванҷ гармхонаҳо ба кор даромаданд // АМИТ «Ховар», августи 2009. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> технологияи гармхонагӣ дар қисматҳои поёнии ноҳия паҳн шудааст. Дар давраи охир, дар ҳамкорӣ бо мутахассисони минтақаи илмӣ-таҷрибавии ''«Ҷангали Зуго»''-и Институти биологии Помир, соҳибкор Ҳайдар Фаёзов аз деҳаи Гишхун дар ноҳия парвариши озмоишии лимӯ ва дигар меваҳои ситрусиро оғоз кард – навъе, ки то ҳол дар ВМКБ танҳо хоси баъзе минтақаҳои ноҳияи Дарвоз буд.<ref name="fn1072">Ванҷ. Авлавият ба рушди лимӯпарварӣ // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Чорводорӣ ва занбӯриасалпарварӣ ===
Дар муқоиса бо давраи пеш аз истиқлол, дар ноҳия саршумори чорвои калону майда дар маҷмуъ 2 баробар, истеҳсоли гӯшт 4 баробар ва истеҳсоли тухм 31 баробар афзудааст.<ref name="fn1042" /> Тибқи омори соли 2023, саршумори чорвои калони шохдор ба 17 135 сар (нисбат ба 15 234 сар дар соли 2011) ва моли майда (гӯсфанду буз) ба 41 000 сар (нисбат ба 32 498 сар) расидааст; ҳамчунин дар хоҷагиҳои ноҳия 41 350 сари парранда ва 1082 оилаи занбӯри асал ба қайд гирифта шудааст.<ref name="fn1042" /><ref name="fn1022" /> Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди занбӯриасалпарвариро яке аз воситаҳои пасткунандаи камбизоатӣ ва таъминкунандаи шуғли деҳот муайян кардааст.
Сарватҳои зеризаминии ноҳия: пахтасанги кӯҳӣ (асбест), молибден, мармар ва ғайра; инчунин конҳои никел, оҳансанг ва оҳак мавҷуданд.
=== Муҳоҷирати меҳнатӣ ===
Мисли аксари минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон, иқтисодиёти хонаводаҳои Ванҷ ба таври назаррас аз муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳаволапулиҳо вобаста аст. Тибқи арзёбии [[Бонки Ҷаҳонӣ]] аз моҳи ноябри соли 2025, ҳаволапулиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ беш аз 30 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд ва, гарчанде вобастагӣ ба ин маблағҳо сатҳи камбизоатиро коҳиш додааст, нобаробарии даромад (нишондиҳандаи Гини) аз 32 то 38 дар байни солҳои 2021 ва 2023 афзудааст; ВМКБ дар қатори минтақаҳое зикр шудааст, ки бо маҳдудиятҳои шадиди ҷуғрофиву иқлимӣ рӯбарӯянд.<ref name="fn1082">Tajikistan Poverty and Equity Assessment (англ.) // Бонки Ҷаҳонӣ, ноябри 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Пажӯҳиши умумимиллии соҳаи тандурустӣ доир ба муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон нишон додааст, ки дар байни панҷ минтақаи кишвар (Душанбе, ВМКБ, Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ), ҳиссаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар аҳолии ВМКБ (49,59 фоиз аз намунаи пажӯҳишӣ) назар ба дигар минтақаҳо (камтар аз 32 фоиз) хеле баландтар будааст.<ref name="fn1092">Inclusion of Labor Migrants as a Potential Key Population for HIV: A Nationwide Study from Tajikistan (англ.) // PMC/NCBI. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар маҷмуи умумимиллӣ, беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон ҳарсола барои кор ба Русия мераванд; ҳаволапулиҳо дар соли 2013 қариб нисфи маҷмуи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медоданд, ки то соли 2018 ба тақрибан 30 фоиз (2,2 миллиард доллари ИМА) коҳиш ёфт.<ref name="fn1102">Dependent on Remittances, Tajikistan\\\'s Long-Term Prospects for Economic Growth and Poverty Reduction Remain Dim (англ.) // Migration Policy Institute. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Саноат ===
Дар ноҳия корхонаҳои хурди саноатӣ – сехи чӯҷабарорӣ, заводи хишти ''«Лугад»'', ҶДММ ''«Хрустал»'' – фаъолият доранд. Дар Ванҷ бозорҳои марказӣ ва марзӣ низ амал мекунанд.
25 июни соли 2025 дар ноҳия корхонаи истеҳсоли калсит, коркарди мармар ва сангҳои ороишии ҶСК ''«Мармар Стоун»'' ба кор шурӯъ кард, ки иқтидори солонаи он 40 ҳазор тонна маҳсулот буда, 40 сокини маҳаллиро бо ҷои кори доимӣ таъмин намудааст. Корхона чор хатти истеҳсолӣ дорад ва дар он беш аз 20 навъи санги табиӣ коркард мешавад; иқтидори истеҳсоли тахтасангҳои ороишӣ (мозаика) 10 ҳазор м³ ва коркарди санги мармар 160 ҳазор м³ дар як солро ташкил медиҳад.<ref name="fn1112">Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ аз Ванҷ оғоз шуд. Президент дар ин ноҳия кадом иншоотро ба истифода дод? // Asia-Plus, 25 июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn1122">Ифтитоҳи корхонаҳои истеҳсоли калсит, коркарди мармар ва сангҳои ороишии ҶСК «Мармар Стоун» дар ноҳияи Ванҷ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
Дар ҳамон рӯз Парки саноатии ноҳия мавриди истифода қарор гирифт, ки дар масоҳати 788 м² ҷойгир буда, 6 корхонаи хурди истеҳсолиро фаро мегирад: истеҳсоли макарон, бандубасти маҳсулоти лӯбиёгӣ, коркарди равғани чормағз, коркард ва бандубасти меваи хушк, истеҳсоли собун ва дару тирезаҳои пластикӣ. Фаъолияти парк дар маҷмуъ 36 сокини маҳаллиро бо кор таъмин мекунад.<ref name="fn1112" /><ref name="fn1132">Ифтитоҳи Парки саноатии ноҳияи Ванҷ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
Дар доираи ҳамин парк, инчунин корхонаи коркарди равғани ангат (Hippophae rhamnoides) – растании шифобахши худрӯй, ки дар қад-қади дарёҳои ноҳия фаровон мерӯяд – ба кор шурӯъ кардааст; иқтидори он то 500 килограмм равғани холис дар як сол буда, аз ин ашё то 12 навъи маҳсулоти фармасевтию косметологӣ омода карда мешавад.<ref name="fn1142">Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ // Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ, июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Пеш аз таъсиси ин корхона, дар деҳаи Ғуҷоваст соҳибкорзан Васила Ғафурова коргоҳи хурди коркарди ангатро таъсис дода буд, ки маводи он берун аз ноҳия низ харидор пайдо кардааст.<ref name="fn1112" /> Барои дастгирии соҳибкории хурду миёна дар солҳои 2018-2019 ба соҳибкорони ноҳия зиёда аз 6,5 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шудааст.<ref name="fn1152">Сафарҳои дохилӣ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Энергетика ===
Дар Ванҷ чандин неругоҳи хурди барқи обӣ (НБО) фаъолият мекунад. Аз ҷумла, НБО-и ''«Техарв»'' дар дарёи Ванҷ бо иқтидори 400 кВт таҷдид гардида, ба шабакаи ягонаи барқи кишвар пайваст карда шудааст; НБО-и ''«Андарбак»'' дар водии Язғулом ба шабакаи ширкати ''«Помир Энерҷӣ»'' пайваст аст.<ref name="fn1162">Реконструкция МГЭС Техарв на реке Ванч мощностью 400 кВт в Ванчском районе Горно-Бадахшанской автономной области (рус.) // CAWater-Info. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Таҳлилҳои соли 2021 нишон дода буданд, ки шабакаҳои барқии ноҳия ҳамагӣ 2,6 мегаватт барқ истеҳсол мекунанд, дар ҳоле ки барои фаъолияти пуриқтидори корхонаҳои нави саноати кӯҳӣ (ба мисли ''«Мармар Стоун»'') беш аз 5,6 мегаватт лозим буд.<ref name="fn1172">Имсол дар Ванҷ дар 15 гектар боғи нав бунёд карда шуд // АМИТ «Ховар», июли 2021. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Моҳи июни соли 2025 хатти интиқоли барқи дузанҷираи 35 ва 110-киловолтаи Хоруғ-Рӯшон бо дарозии 67,5 км ва зеристгоҳи ''«Ҷангал»'' ба маблағи умумии 114 миллион сомонӣ ба истифода дода шуд, ки интиқоли муназзами неруи барқро ба ноҳияҳои Рӯшон, Ванҷ ва Дарвоз ба маротиб беҳтар мегардонад; ҳамзамон сохтмони хатти 42-километраи интиқоли барқи 110-киловолта аз маркази ноҳияи Рӯшон то зеристгоҳи ''«Вознавд»'' оғоз ёфт, ки ба истифода додани он дар нимсолаи аввали соли 2026 пешбинӣ шудааст.<ref name="fn1182">Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон // АМИТ «Ховар», июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Нақлиёт ===
Нақлиёти ноҳия асосан автомобилист; як фурудгоҳи хурд ҳам дар шаҳраки Ванҷ (Рохарв) вуҷуд дорад. Қаламрави ғарбии ноҳия дар масири шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Мурғоб-Қулма қарор дорад; лоиҳаи таъмиру таҷдиди қитъаи ин шоҳроҳ аз Қалъаихумб то Ванҷ ва сарҳади ноҳияи Рӯшон арзиши умумии 2,5 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки то имрӯз корҳо ба маблағи 900 миллион сомонӣ анҷом ёфтаанд.<ref name="fn1192">Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ванҷ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> 25 июни соли 2025 роҳи мошингарди маркази ноҳия то нуқтаи пайвастшавӣ ба ин шоҳроҳ, иборат аз ду хатти ҳаракат бо дарозии умумии 16 км, пас аз таҷдид ба истифода дода шуд; дар дарозои роҳ истгоҳҳои нақлиётӣ ва гузаргоҳҳо барои пиёдагардон бунёд гардидаанд.<ref name="fn1112" /><ref name="fn1202">Ифтитоҳи роҳи маркази ноҳияи Ванҷ то нуқтаи пайвастшавӣ ба шоҳроҳи Душанбе--Кулма // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
23 июни соли 2025 ширкати ҳавопаймоии ''«Тоҷик Эйр»'' пас аз ёздаҳ соли танаффус (парвози охирин соли 2014 сурат гирифта буд) хатсайри ҳавоии Душанбе-Ванҷ-Душанберо аз нав кушод: парвози нахустин бо 15 мусофир анҷом ёфт. Парвоз дар ин масир 50 дақиқа тӯл кашида, тибқи ҷадвал ҳафтае як маротиба, рӯзҳои ҷумъа, бо ҳавопаймои Ан-28 иҷро мешавад ва нархи чипта дар як самт 750 сомонӣ муайян гардидааст.<ref name="fn1212">Оғози парвози ҳавопаймоӣ миёни Душанбе ва Ванҷ. Аввалин парвоз кай ва нархи чипта чанд аст? // Asia-Plus, июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn1222">Пас аз 11 сол. Аввалин парвози ҳавопаймо дар масири Душанбе-Ванҷ-Душанбе анҷом ёфт // Asia-Plus, 23 июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар доираи татбиқи ''«Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»'' (қабулшуда 28 июни соли 2024), 24 феврали соли 2026 дар шафати роҳҳои мошингарди ноҳияи Ванҷ беш аз 2000 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва сояафкану мевадиҳанда шинонида шуд.<ref name="fn1232">ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳҳои мошингарди Ванҷ беш аз 2000 бех ниҳол шинонида шуд // АМИТ «Ховар», 24 феврали 2026. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Фарҳангу маориф ==
Пеш аз инқилоб аҳолии маҳаллии Ванҷ дар масҷидҳо ва хонаҳои муллоён хатту савод меомӯхтанд ва на ҳама ақшори мардум фурсат ва имкони саводомӯзӣ доштанд. Аз ин рӯ нисбати саводнокӣ дар миёни онҳо хеле паст буд ва ба сахтӣ метавонист ба 3-10 % бирасад. Саводомӯзии саросарии аҳолиро ҳукумати шӯравӣ ба роҳ монд.
Соли 1926 нахустин мактаб дар минтақа фаъолияти худро оғоз намуд: дар он танҳо 1 муаллим – Одил Боқиев (аз деҳаи Чихох) кор мекард ва 25 талаба дар он ҷо дарс меомӯхтанд. Соли 1930 шумораи муаллимон ба 7 нафар расид. Дар авохири даҳаи 30-юми асри XX тақрибан дар ҳамаи маҳалҳои сераҳолии деҳшӯроҳои Ванҷ мактабҳои ибтидоӣ таъсис ёфтанд, ки бештари бачагону наврасон дар онҳо таҳсил мекарданд.
Тобистони соли 1941 (дар арафаи [[Ҷанги Бузурги Ватанӣ]]) дастгоҳи кинонамоишдиҳӣ дар Ванҷ сохта, ба марҳалаи истифода расид. Соли 1941 дар вилоят 41 китобхона вуҷуд дошт, аз ҷумла китобхонаи ноҳиявӣ дар маркази Ванҷ ва 12 чойхонаи сурх. Дар аввали моҳи апрели соли 1930 дар яке аз деҳаҳои баландкӯҳи водии Ванҷ – Рованд нахустин маҷлиси ҷавонон баргузор шуд.
Дар соли таҳсилии 2011-2012 дар ноҳияи Ванҷ 50 мактаб, аз ҷумла 23 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 4 мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, 13 мактаби ибтидоӣ, мактаб-интернат ва муассисаи томактабӣ вуҷуд дошт. Дар ҳамин сол дар мактабҳои ноҳия 7437 талаба таҳсил мекард, ки ба онҳо 928 муаллими соҳибмаълумоти олӣ дарс медоданд.
25 июни соли 2025 дар деҳаҳои Мотравн, Будун, Вишхарв, Жамаг, Бунай, Техарв ва Ғиҷовасти ноҳия 7 кӯдакистони нав ифтитоҳ гардид: чор кӯдакистон аз ҳисоби буҷети маҳаллии вилоят ва се кӯдакистони дигар аз ҳисоби сокинони деҳаҳо тариқи ҳашар сохта шудаанд. Ин муассисаҳо аз 20 синфхона иборат буда, барои 380 тарбиятгиранда пешбинӣ шудаанд ва дар онҳо 34 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.<ref name="fn1112" /><ref name="fn1242">Ифтитоҳи 7 кӯдакистон дар ноҳияи Ванҷ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
Дар Ванҷ 45 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 1 театр, 13 клуб, 2 автоклуб, 5 хонаи фарҳанг, 25 китобхона бо фонди 114 960 нусха китоб фаъолият мекунад. Рӯзномаи ноҳиявӣ бо номи ''«Ватан»'' нашр мешавад.
== Тиб ==
Аввалин иттилои тиббии сабтшуда дар бораи Ванҷ ба гузориши капитан Кузнецов (соли 1892) рост меояд, ки паҳншавии бемории зоб (гулбандварамӣ)-ро дар байни дигар бемориҳои маъмули Дарвоз махсус қайд кардааст:
''«Изъ другихъ болѣзней особенно развитыхъ въ Дарвозѣ, слѣдуетъ отмѣтить зобъ, главнымъ образомъ по рѣкѣ Ванчъ.»''
Тарҷума: ''«Аз дигар бемориҳое, ки дар Дарвоз хеле паҳн шудаанд, бояд зобро қайд кард, ки асосан дар канори дарёи Ванҷ вомехӯрад»''.<ref name="fn1252">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 51.</ref>
Соли 1939 дар Ванҷ маркази тиббӣ ва бемористоне барои 10 кат сохта шуда буд. Ин иттифоқ дар канори душвориҳои азиме ба вуҷуд омад: то оғози асри XX дар водӣ тибби илмӣ вуҷуд надошт ва сокинон танҳо ба гиёҳдармонӣ ва дуохонӣ такя мекарданд, ки боиси сатҳи баланди фавти модарону кӯдакон мегардид.<ref name="fn492" /> Тибқи як таҳқиқи диссертатсионӣ, гузариш ба тибби муосир бо муқовимати шадид ҳамроҳ буд: соли 1929 табиби рус Спажев, ки барои расонидани кумаки аввалияи тиббӣ ба Ванҷ фиристода шуда буд, аз ҷониби дастаҳои босмачӣ ба қатл расонида шуд – ҳодисае, ки соли 1931 бо қатли табиб Олхов дар ноҳияи ҳамҷавори Қалъаихумб такрор ёфт.<ref name="fn1262">Диссертатсия // Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ.</ref> Муҳоҷирати маҷбурии соли 1954-и сокинони водии Язғулом ба водии гарми Вахш низ оқибатҳои вазнини беҳдоштӣ – бемории оммавӣ ва фавти зиёди кӯдакон – ба бор овард, ки яке аз сабабҳои бозгашти тадриҷии як қисми муҳоҷирон ба зодгоҳашон гардид.<ref name="fn492" />
Ҳоло дар ноҳия як беморхонаи марказӣ (дар шаҳраки Рохарв, дорои 6 шуъбаи бистарикунонӣ), як беморхонаи минтақавӣ дар водии Язғулом, 22 бунгоҳи тиббӣ, маркази назорати беҳдоштӣ (санитарию эпидемиологӣ) ва 4 дорухона фаъолият доранд. Тибқи маълумоти соли 2023, ба ин шабака 57 310 нафар бемор муроҷиат кардааст – ба ҳисоби миёна беш аз 1,6 маротиба барои ҳар сокини ноҳия дар як сол.<ref name="fn1272">Ванҷ. Роҳандозии тадбирҳо дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар сохтори марказии шабака 47 духтури дорои маълумоти олӣ ва 193 корманди миёнаи тиббӣ кор мекунанд; рақами 369 нафар пизишки дорои маълумоти олӣ, ки дар маъхазҳои умумӣ оид ба ноҳия зикр мешавад, эҳтимол тамоми мутахассисони тиббии ҳудуди ноҳияро – аз ҷумла дорухонаҳо, СЭС ва муассисаҳои хусусиро – дар бар мегирад.<ref name="fn1272" />
Дар водии дурдасти Язғулом, ки пеш аз истиқлол мардум маҷбур буданд беморони вазнинро тавассути чорвои борбар ба масофаҳои дур интиқол диҳанд, имрӯз як дармонгоҳи минтақавӣ, ду маркази саломатӣ, се бунгоҳи тиббӣ дар деҳаҳои дурдаст ва як таваллудхонаи махсусгардонидашуда фаъолият доранд.<ref name="fn1272" /> Дар деҳаи Гармчашмаи ҷамоати Рованд, наздики лозури Ванҷях, як маркази саломатии муосир бо ҳамкории Вазорати тандурустӣ ва Хадамоти ҳифзи сиҳатии [[Бунёди Оғохон]] (Aga Khan Health Services) сохта шудааст.<ref name="fn1282">Ифтитоҳи маркази саломатӣ дар ноҳияи Ванҷ // АМИТ «Ховар», сентябри 2015. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар доираи барномаи миллии рушди инфрасохтори тиббӣ, соли 2025 сохтмони бинои нави Беморхонаи марказӣ барои 120 кат бо арзиши 114 миллион сомонӣ оғоз гардид.<ref name="fn1292">Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Ванҷ // Президенти Тоҷикистон, 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Барои ҳалли норасоии кадрҳо, тайи давраи соҳибистиқлолӣ 142 нафар хатмкунандаи ноҳияи Ванҷ дар муассисаҳои олии тиббии ҷумҳурӣ (пеш аз ҳама Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино) таҳсил кардаанд, ки аз ин шумора 40 нафар тавассути квотаи президентӣ буда, соли 2025 боз 22 нафари дигар ба ҳамин квота фаро гирифта шуданд.<ref name="fn1292" /> Барномаи ''«Корвони саломатӣ»''-и Вазорати тандурустӣ низ борҳо ба Ванҷ ташриф оварда, ба табибони маҳаллӣ таҷрибаандӯзӣ фароҳам овардааст.<ref name="fn1302">«Корвони саломатӣ». Сокинони ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ бо хизматрасонии ройгони тиббӣ фаро гирифта шуданд // АМИТ «Ховар», майи 2022. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Бо сабаби баландкӯҳ будани минтақа, Ванҷ таърихан ба минтақаҳои паҳншавии бемории ҷоғвар (норасоии йод) мансуб буд; тибқи маълумоти таҳлилӣ, дар натиҷаи стратегияи миллии йодизатсияи намак сатҳи паҳншавии ин беморӣ дар давраи солҳои 2019-2023 то 72 фоиз коҳиш ёфтааст.<ref name="fn1312">Авҷи Зуҳал, № 2, 2025.</ref> Бо назардошти сатҳи баланди муҳоҷирати меҳнатии сокинони ноҳия, маркази маҳаллии мубориза бар зидди ВНМО (ВИЧ) корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни ҷавонон пайваста мегузаронад.<ref name="fn1272" /> Дар давраи пандемияи [[COVID-19]] Беморхонаи марказии Ванҷ шуъбаи бемориҳои сироятиро ба реҷаи фавқулодда гузаронид, ва моҳи июни соли 2020 тибқи барномаи дастгирии [[Иттиҳоди Аврупо]] ба ин муассиса таҷҳизоти муҳофизати инфиродӣ (PPE) расонида шуд.<ref name="fn1322">EU timeframe for PPE distribution // Хадамоти амали берунии Иттиҳоди Аврупо (EEAS), июни 2020. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Беморхонаи марказӣ соли 2014 пурра ба низоми гармкунии барқӣ (аз ҳисоби неругоҳҳои хурди барқи обӣ) гузашт, ҳарчанд барои ҳолатҳои фавқулодда ҳарсола захираи эҳтиётии сӯзишворӣ нигоҳ дошта мешавад.<ref name="fn1332">Беморхонаи Ванҷ ба низоми гармкунии барқӣ гузашт // АМИТ «Ховар», январи 2014. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Тибқи санҷиши Агентии амнияти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳо (июли 2024), Беморхонаи марказии Ванҷ талаботи қонунгузории бехатарии радиатсиониро пурра риоя намуда, дараҷаи хатари фаъолияти он ''«паст»'' арзёбӣ шудааст.<ref name="fn1342">Феҳристи Агентии амнияти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ (cbrn.tj). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Варзиш ==
Ванҷ аз даврони қадим бо гуштигирони номвари худ шуҳратёр буд. Номи паҳлавонони ванҷӣ – Амонат, Сулаймон, Дилдор, Хушдил, Худоӣ, Ҳиммат, Ш. Дилов, Алифбек ва дигарон то кунун ба некӣ ёд мешавад ва қиссаҳои майдондориашон ҳанӯз вирди забони хосу ом аст. Соли 2024 гӯштини миллии тоҷикӣ ([[гӯштингирӣ]]) дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта шуда, мақоми расман байналмилалӣ касб кард; шумораи мусобиқаҳои ин намуди варзиш дар саросари ҷумҳурӣ аз 485 адад дар соли 2020 то тақрибан 4000 адад дар соли 2022 афзудааст.<ref name="fn1352">Гӯштини тоҷикӣ мақоми байналмилалӣ гирифт // Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Паҳлавони ванҷӣ [[Шакармамад Мирмамадов]], ки дар якчанд намуди варзиш (ҷудо, кураш, гӯштингирӣ) рақобат мекунад, яке аз муваффақтарин варзишгарони вазни сангини Тоҷикистон дар даҳсолаи охир аст: соҳиби медали биринҷии Бозиҳои XVIII осиёии соли 2018 дар Ҷакарта (ҷудо, +100 кг),<ref name="fn1362">Бозиҳои XVIII осиёӣ: Шакармамад ҳам соҳиби медали биринҷӣ гардид // Радиои Озодӣ. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> медали тиллои Чемпионати 13-уми Осиё оид ба кураш дар Теҳрон (июни 2024)<ref name="fn1372">Шакармамад Мирмамадов қаҳрамони Осиё оид ба кураш // Варзиш ТВ. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> ва медали тиллои Нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ дар Душанбе (28-31 августи 2024, бо иштироки беш аз 200 варзишгар аз 63 давлат) гардид.<ref name="fn1382">Варзишгари тоҷик Шакармамад Мирмамадов дар нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ медали тилло ба даст овард // АМИТ «Ховар», августи 2024. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар мусобиқаҳои Наврӯзии байналмилалӣ дар Хоруғ (марти 2025) ва Рашт (апрели 2026) низ ғолиб омада, ҳарду бор соҳиби автомобил гардид.<ref name="fn139" /><ref name="fn140">Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд // АМИТ «Ховар», 15 апрели 2026. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
25 марти соли 2020 дар ҷамоати деҳоти Язғулом бахшида ба Наврӯз мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ баргузор гардид, ки дар он беш аз 300 нафар паҳлавон на танҳо аз Ванҷ, балки аз Душанбе, [[Бохтар]], Кӯлобу Хоруғ ва ноҳияҳои Дарвозу Рӯшон иштирок карданд.<ref name="fn139" />
Дар ноҳия беш аз 40 иншооти варзишӣ мавҷуд аст. 25 июни соли 2025 дар деҳаи Убари Даргов толори варзишӣ бо масоҳати умумии 615 м², иборат аз толори асосӣ, толори тенниси рӯи миз ва ҳуҷраҳои ёрирасон, ба истифода дода шуд.<ref name="fn1112" /><ref name="fn141">Ифтитоҳи толори варзишӣ дар деҳаи Убари Даргови ноҳияи Ванҷ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref> Ҳамчунин, 15 ноябри соли 2025, дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар деҳаи Андарбоғи ҷамоати Язғулом толори варзишии замонавӣ, ки бо маблағи 480 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст, ба истифода дода шуд.<ref name="fn142" /> Пеш аз ин, 11 сентябри соли 2018 бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамин ҷамоати Язғулом низ як толори варзишӣ ба истифода дода шуда буд.<ref name="fn152" />
Ба ғайр аз гӯштин, дар солҳои охир [[волейбол]] низ дар ноҳия рушд кардааст: дар мусобиқаи маҳаллӣ 7 дастаи волейболи ҷавонон иштирок доранд, ва дастаи ноҳияи Ванҷ дар Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявии волейбол дар ноҳияи Восеъ дар қатори дастаҳои пуриқтидоре чун ''«Регар ТадАЗ»'' ва дастаи шаҳри Душанбе иштирок карда, рақобати арзанда нишон додааст.<ref name="fn143">«Регар ТадАЗ» дар мусобиқа оид ба волейбол дар ноҳияи Восеъ сазовори Шоҳҷоиза гардид // АМИТ «Ховар», июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар Бозиҳои осиёии соли 2018, ки [[самбо]] бори аввал ба барномаи он дохил шуда буд, Тоҷикистонро дар қатори дигарон ду варзишгари ҷавон – Ҷомии Ҳасанӣ ва Сомон Сангов – намояндагӣ карданд.<ref name="fn1362" />
== Шахсиятҳои маъруф ==
[[Мулло Муҳаммадёри Ванҷӣ]] (машҳур ба Мулло Ёр) – шоири маъруфи мардумии тоҷик, зодаи деҳаи Ғумаяки водии Ванҷ; мероси ӯ то имрӯз дар байни мардуми кӯҳистони тоҷик маҳбубият дорад.<ref name="fn210" />
Раҳим Масов (16 ноябри 1939, деҳаи Мудеҳарви ноҳияи Ванҷ – 21 июни 2018, Душанбе) – таърихшиноси барҷастаи тоҷик, доктори илмҳои таърих, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон; солҳои 1988-2015 директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш.<ref name="fn144">Академик Рахим Масов: жизнь, посвящённая отстаиванию национальных интересов Таджикистана (рус.) // НИАТ «Ховар», 16 ноябри 2022. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn145">Сегодня в Душанбе скончался академик Рахим Масов (рус.) // Азия-Плюс, 21 июни 2018. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Ҳайдаршо Пирумшоев (таваллуд 30 декабри 1944, ноҳияи Ванҷ) – таърихшинос, доктори илмҳои таърих, профессор; муаллифи асарҳои ''«Ванҷ»'' (М., 2004), ''«Ванҷи ману ганҷи ман»'' (Душанбе, 2013) ва таҳқиқоти сершумор оид ба таърихи Бадахшону Помир.<ref name="fn146">Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо... 30 декабри соли 2025 // Asia-Plus. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Қодири Қосим (таваллуд 9 апрели 1961, ноҳияи Ванҷ) – ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон.<ref name="fn147">Председатель Федерации независимых профсоюзов Таджикистана Кодири Косим выдвинут кандидатом в депутаты Маджлиси намояндагон (рус.) // НИАТ «Ховар», январи 2020. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Мурувватшо Бачабеков (1 майи 1944 – 9 сентябри 2023, деҳаи Баравни ҷамоати Водхуд) – устоди варзиши гӯштингирӣ, ки ӯро бунёдгузори мактаби муосири гӯштини Ванҷ медонанд; солҳои 1972-1994 устоди кафедраи тарбияи ҷисмонии Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) буд.<ref name="fn148">Устоди паҳлавонони Ванҷ Мурувватшо Бачабеков аз дунё рафт // Бомдод, 12 сентябри 2023. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Маҳмадшариф Сулаймонов (зодаи деҳаи Рованд) – устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ дар гӯштини миллӣ, ки зиёда аз панҷоҳ сол дар майдони паҳлавонӣ фаъолият дорад.<ref name="fn149">Суфраи паҳлавонӣ // Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Ҳукумат ==
Сарвари ноҳияи Ванҷ Раиси ноҳия аст, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мегардад.<ref name="fn311" /> Ниҳоди намояндагии ноҳия – Маҷлиси вакилони халқ мебошад, ки аз тарафи мардуми ноҳия ба муддати 5 сол интихоб мешавад. Маълумоти расмӣ дар бораи ноҳия дар сомонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (badakhshon.tj) ҷой дода шудааст.<ref name="fn311" />
Раисони ноҳия дар тӯли фаъолияти маъмурии он борҳо иваз шудаанд; барои мисол, 17 ноябри соли 2021 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷабори Қосим аз мансаби раиси ноҳияи Ванҷ озод карда шуда, ба ҷои ӯ Мардзода Одинашо Миршаб ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия таъин гардид.<ref name="fn150">Раисони Ванҷу Роштқалъа барканор шуданд: раҳбарони нав киянд? // Sputnik Тоҷикистон, 17 ноябри 2021. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Эзоҳ ==
{{Reflist|30em}}
== Манобеъ ==
* Андреев М. С. Выработка железа в долине Ванча (верховья Аму-Дарьи). – Ташкент, 1926.
* Бубнова М. А. Горно-Бадахшанская автономная область. Западный Памир (памятники каменного века – XX в.). – Душанбе, 2008. – (Археологическая карта Таджикистана).
* Бурхан-уд-Дин-хан Кушкеки. Путеводитель по Каттагану и Бадахшану. – Ташкент, 1926.
* Гулшанӣ. Таърихи ҳумоюн. – Душанбе, 2006.
* Искандаров Б. И. Восточная Бухара и Памир во второй половине XIX в. Ч. 1-2. – Душанбе, 1962-1963.
* Камалиддинов Ш. С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX – начала XIII вв. – Ташкент, 1996.
* Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). – Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893.
* Лашкарбеков Б. Б. Старованджский язык (vanǰivor) // Основы иранского языкознания: Среднеиранские и новоиранские языки / под ред. В. А. Ефимова. – М.: Восточная литература, 2008. – С. 61-109.
* Масов Р. М. К истории Ванчской долины // Мероси ниёгон. – Душанбе, 1999. – № 4. – С. 20-30.
* Мушкетов Д. И. Рохаръ (Кала-и-Ванчъ). – Петроградъ: Типографія М. М. Стасюлевича, 1916. – (Отдѣльный оттискъ изъ тома LII (1916 г.) Извѣстій Императорскаго Русскаго Географическаго Общества № 876).
* Пирумшоев Ҳ. Ванҷ. – М., 2004.
* Пирумшоев Ҳ., Зафаров А. Ванҷи ману ганҷи ман (очерки таърихӣ). – Душанбе, 2013.
* Постников А. В. Схватка на «Крыше Мира»: политики, разведчики и географы в борьбе за Памир в XIX веке. – М.: Памятники исторической мысли, 2001. – ISBN 5-88451-100-0.
* Розенфельд А. З. Ванджские говоры таджикского языка / ЛГУ им. А. А. Жданова. – Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. – 151 с.
* Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. – М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903.
* Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. – Душанбе: СИЭМТ, 2013.
* Эдельман Д. И. Язгулямский язык. – М.: Наука, 1966.
* Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. – М.: Наука (ГРВЛ), 1975. – С. 41-62.
* Языки мира: Иранские языки. III. Восточноиранские языки. – М.: Индрик, 2000.
* Moseley Chr. (ed.) Atlas of the World's Languages in Danger. – 3rd ed. – Paris: UNESCO Publishing, 2010.
* Paul D., Abbess E., Müller K., Tiessen C., Tiessen G. Language Access and Tajik Language Proficiency among the Yazghulami of Tajikistan. – SIL International, 2010.
== Пайвандҳо ==
* [https://www.vanjiman.com/ Сомонаи vanjiman.com]
* [https://vanj.info/ Торнамои Ванҷ (vanj.info)]
* [http://badakhshon.tj/?page_id=11224 Саҳифаи ноҳияи Ванҷ дар сомонаи расмии ВМКБ]
* [[c:Category:Vanj_District|Парвандаҳо дар Викианбор (Vanj District)]]
{{тоҷикистон-ҷуғ-нопурра}}
{{Тақсимоти маъмурии ВМКБ}}
{{Ноҳияи_Ванҷ}}
[[Гурӯҳ:Ноҳияҳои Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]]
[[Гурӯҳ:Ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]]
[[Гурӯҳ:Ноҳияи Ванҷ]]
5vdw6gda23ghnnydlzll7idv8swu95g
1482027
1482026
2026-07-26T01:24:51Z
Firdavsi
3353
1482027
wikitext
text/x-wiki
{{ВМ
| Ранг1 = #A5D570
| Номи тоҷикӣ =
| Номи аслӣ = Ноҳияи Ванҷ
| Нишон =
| Парчам =
| Бари нишон =
| Бари парчам =
| Тавсифи нишон =
| Тавсифи парчам =
| Кишвар = [[Тоҷикистон]]
| lat_dir = N
| lat_deg = 38
| lat_min = 22
| lat_sec = 23
| lon_dir = E
| lon_deg = 71
| lon_min = 27
| lon_sec = 19
| region = TJ
| type = District
| Дараҷа =
| CoordScale =
| Суруди миллӣ =
| Мақом = Ноҳияи маъмурӣ
| Тобеъи = [[Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]]
| Шомили = 1 шаҳрак, 6 ҷамоат
| Пойтахт = [[Ванҷ (шаҳрак)|Ванҷ]]
| Шаҳри бузургтарин =
| Шаҳрҳои бузургтарин =
| Таъсис = [[29 май|29 маи]] [[1933]]
| Барҳамхӯрӣ =
| Номҳои пешина =
| Раис = Мардзода Одинашо Миршаб (аз 2022)<ref>{{Cite web|url=http://www.adlia.tj/show_doc.fwx?Rgn=143911|title=Указ Президента Республики Таджикистан от 1 декабря 2022 года №480 "О назначении Мардзода О.М. председателем Ванчского района Горно-Бадахшанской автономной области"|website=www.adlia.tj|accessdate=2023-01-04|archivedate=2024-12-09|archiveurl=https://web.archive.org/web/20241209162237/http://adlia.tj/show_doc.fwx?Rgn=143911}}</ref>
| Шакли роҳбарӣ = Раиси ноҳия
| Раис2 =
| Шакли роҳбарӣ2 =
| Раис3 =
| Шакли роҳбарӣ3 =
| ММД =
| Соли ММД =
| Ҷой аз рӯи ММД =
| ММД ба сари аҳолӣ =
| Ҷой аз рӯи ММД ба сари аҳолӣ =
| Забон =
| Забонҳо = [[Забони тоҷикӣ|тоҷикӣ]], [[Забонҳои бадахшонӣ]] — [[Забони язғуломӣ|язғуломӣ]]
| Аҳолӣ = 35 400
| Соли барӯйхатгирӣ = 2024
| Фоиз аз аҳолӣ = 4,8
| Ҷой аз рӯи аҳолӣ =
| Баҳодиҳии аҳолӣ =
| Соли баҳодиҳӣ =
| Зичӣ = 7,7
| Ҷой аз рӯи зичӣ =
| Ҳайати миллӣ = [[тоҷик]]он
| Ҳайати динӣ = [[мусулмон]], [[суннӣ]], мазҳаби [[ҳанафӣ]]
| Масоҳат = 4430,5
| Фоиз аз масоҳат =
| Ҷой аз рӯи масоҳат =
| Баландии бештарин = 7495
| Баландии миёна = 3000
| Баландии камтарин =
| Харита = Vanj District in Tajikistan.svg
| Андозаи харита =
| Харита2 =
| Минтақаи замонӣ = UTC+5
| Сарвожа = VA
| ISO = TJ.BK.VA
| Шиносаи ададӣ =
| Шакли шиноса =
| Шиносаи ададӣ2 =
| Шакли шиноса2 =
| Шиносаи ададӣ3 =
| Шакли шиноса3 =
| FIPS =
| Коди телефон = +992 3551
| Нишонаи почта = 736300
| Домени интернет = tj
| Коди мошинҳо = 04 TJ
| Вебгоҳ = [[www.vanjiman.com]]
| Гурӯҳ дар Commons = Vanj District
| Эзоҳ =
}}Ноҳияи Ванҷ (форсӣ: ناحیۀ ونج) – минтақаи таърихӣ ва яке аз ноҳияҳои [[Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]], воқеъ дар шимолу ғарби вилоят, дар шарқи [[Ҷумҳурии Тоҷикистон]]. Масоҳаташ 4430,5 км² буда, тибқи омори соли 2024 аҳолияш 35 400 нафарро ташкил медиҳад (зичии аҳолӣ тақрибан 8 нафар дар 1 км²). Ҳамчун воҳиди расмии маъмурию ҳудудӣ 29 майи 1933 таъсис ёфтааст.<ref name="fn1">[https://dic.academic.ru/dic.nsf/ruwiki/1287410 Ванджский район] (рус.) // Словари и энциклопедии на Академике (нусхаи мақолаи Википедиаи русӣ, 2010). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Маркази ноҳия шаҳраки Рохарв (форсӣ: راخرو) аст, ки расман шаҳраки Ванҷ ном дошта, дар харитаҳо низ чунин сабт мешавад, вале дар забони мардум то имрӯз бо номи бостонии худ – Рохарв ёд мегардад; шаҳрак 176 км шимолтар аз шаҳри [[Хоруғ]], дар канораи резишгоҳи рӯди Рохарвоб ба Ванҷоб ҷой дорад.<ref name="fn1" /><ref name="fn2">Ванҷ. Маълумоти ҷуғрофӣ (порча аз китоби Ҳ. Пирумшоев «Ванҷи ман») // Торнамои Ванҷ (vanj.info). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn3">н. Ванҷ (www.vanj.tj) // Сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Тибқи анъанаи маҳаллӣ, тамоми рустоҳоеро, ки аз деҳаи Бунай болотар воқеъанд, ''«Ванҷи Боло»'' меноманд; водиҳои поёниро бошад, на ''«Ванҷи Поён»'', балки бо номҳои таърихии худашон – Язғулом, Водхуд ва Пшихарв – ёд мекунанд.<ref name="fn2" /> Дигар шӯроҳои русто, мисли Водхуд, Язғулом, Рованд ва Техарв, ки фарогири чандин деҳаанд, то кунун номҳои таърихии худро нигоҳ доштаанд. Шӯрои рустои Рохарв дар ҳоли ҳозир чун ҷамоати ба номи Маҳмадулло Абдуллоев<ref name="fn4">[https://khovar.tj/2025/06/peshvoi-millat-emomal-ra-mon-dar-no-iyai-van-tolori-varzishiro-iftito-namudand/ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ толори варзиширо ифтитоҳ намуданд] // АМИТ «Ховар», 25 июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> ва шӯрои рустои Жовид феълан дар шакли ҷамоати Ҷовидон номгузорӣ шудаанд.
Қабл аз вуруди [[Артиши Сурх]] ба Ванҷ ва истиқрори низоми шӯравӣ, маркази идории амлокдории Ванҷ дар шаҳраки Рохарв, дар ''«Қалъаи Ванҷ»'' ё ''«Қалъаи Рохарви Ванҷ»'' қарор дошт, ки ҳам қароргоҳи мири Ванҷ ва ҳам маҳалли будубоши гурӯҳаки маҳдуди сипоҳи [[Манғития|манғитиён]] будааст.<ref name="fn5">Мушкетов Д. И. Рохарв (Кала-и Ванч) // Известия Русского географического общества. --- Т. 52. --- 1916.</ref>
Дарёҳои бузургтарини ноҳия – Ванҷоб, Язғулом) ва Панҷ) мебошанд. Ду соҳили дарёи Ванҷоб бо дарозии зиёда аз 100 км бахши умдаи ноҳияро ташкил медиҳад.
== Номшиносӣ ==
Дар сарчашмаҳои русӣ ва адабиёти даврони шӯравӣ номи ноҳия дар шаклҳои ''«Ванч»'' ва ''«Вандж»'' омадааст, ки гунаи русишудаи ҷойноми тоҷикии Ванҷ мебошад.<ref name="fn3" />
Дар боби решаи ин ном ақидаҳо мухталифанд. Донишманди тоҷик Гулшанӣ дар китобаш ''«Таърихи ҳумоюн»'', ки соли 1328 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 1910 милодӣ навиштааст, онро табдилёфтаи номи дарёи Панҷ шумурда, дар бораи диёри Ванҷ мегӯяд:
''«Қасабаи Ванҷ ба тарафи шарқии Дарвоз, ба таҳти ақабаи Боми Дунё воқеъ аст ва дар он ҷониб манбаи дарёи Омӯя ва Ҷайҳун ва онро Чашмаи Панҷ мегӯянд, аз қуллаи шомихи кӯҳи Боми Дунё набаъон менамоянд. Аз андак масофат, панҷ чашма ба як ҷо ҷамъ мешавад ва ғарбан ҷараён менамояд ва онро чашмаи Панҷ мегӯянд ва он қасабаро Ванҷ меноманд, ки он муҳаррафи Панҷ аст. Оби аввали наҳри Ҷайҳун ҳамин аст»''.<ref name="fn62">Гулшанӣ. Таърихи ҳумоюн. --- Душанбе, 2006. --- С. 157.</ref>
Тадқиқоти забоншиносии баъдина ин ривояти халқиро тасдиқ намекунад. Эроншиноси маъруф Д. И. Эделман дар пажӯҳиши бунёдии худ ''«Географические названия Памира»'' (''«Номҳои ҷуғрофии Помир»''), ки соли 1975 дар маҷмуаи ''«Страны и народы Востока»'' ба чоп расидааст, решаи вожаи ''«Ванҷ»''-ро мушаххасан шарҳ намедиҳад, балки онро номи аслии худи водӣ мешуморад, ки номи дарёи Ванҷов (Ванҷ + ''«об»'') низ аз он гирифта шудааст.<ref name="fn72">Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. --- М.: Наука (ГРВЛ), 1975. --- С. 41--62.</ref> Тибқи мушоҳидаи ӯ, ҳамсоягони язғуломизабони ин водӣ онро на ''«Ванҷ»'', балки ''«Вавз»'' меноманд, ки ин худ далели дигаре бар куҳансолии эҳтимолии ин ном аст.<ref name="fn72" /> Забони куҳани ванҷии аз байнрафта, ки сокинони маҳаллӣ то охири асри XIX бад-он сухан мегуфтанд, ''«ванҷивор»'' (vanǰivor)-аш меномиданд,<ref name="fn82">Лашкарбеков Б. Б. Старованджский язык (vanǰivor) // Основы иранского языкознания: Среднеиранские и новоиранские языки / под ред. В. А. Ефимова. --- М.: Восточная литература, 2008. --- С. 61--109.</ref> вале дар адабиёти дастрас пажӯҳише, ки решаи номи ''«Ванҷ»''-ро аз вожаҳои ҳамин забон ба даст оварда бошад, ёфт нашуд. Дар маҷмуъ, Эделман хулоса мебарорад, ки аксари номҳои ҷуғрофии [[Помир|Помири]] Ғарбию Ҷанубӣ бо ёрии забонҳои имрӯза шарҳнопазиранд, ки ин аз бостонӣ будани онҳо гувоҳӣ дода, эҳтимоли тааллуқи баъзеи онҳоро ба забонҳои куҳани пешин (субстратӣ) нишон медиҳад.<ref name="fn72" />
Худи Д. И. Эделман дар ҳамин мақола сабаби ин дугонагии номро возеҳтар шарҳ дода, чунин овардааст:
''«Иногда различные названия одного и того же пункта отражают различные исторические обстоятельства. Так, населенный пункт — административный центр Ванча имеет два названия. Первое — официальное, значащееся на картах — «Ванч» является редакцией старого названия находившейся здесь когда-то крепости, которая именовалась просто Кала (qala) 'крепость' или Кала-и Вандж 'Ванджская крепость'. Второе — название самого кишлака, которое до сих пор остается в обиходе у местного населения и жителей соседних долин — «Рохарв».»''
Тарҷума: ''«Баъзан номҳои мухталифи як маҳал вазъиятҳои гуногуни таърихиро инъикос менамоянд. Чунончи, маҳалли аҳолинишин — маркази маъмурии Ванҷ — ду ном дорад. Аввалин — номи расмӣ, ки дар харитаҳо зикр мешавад, — «Ванҷ» аст, ки таҳрирёфтаи номи қадимии қалъаест мебошад, ки замоне дар ин ҷо буд ва онро танҳо Қалъа (qala) ё Қалъаи Ванҷ меномиданд. Дуюмин — номи худи русто аст, ки то ҳанӯз дар гуфтугӯи мардуми маҳаллӣ ва сокинони водиҳои ҳамҷавор боқӣ мондааст — «Рохарв».»''.<ref name="fn92">Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 42.</ref>
Бино бар ин, то имрӯз дар илми забоншиносии эронӣ решашиносии қатъӣ ва ба таври васеъ пазируфташудаи вожаи ''«Ванҷ»'' пешниҳод нашудааст: ривояти Гулшанӣ дар боло намунаи анъанаи омиёна ва таърихии маҳаллист, на натиҷаи таҳлили илмии забонӣ. Коршиносон, ин номро қадимӣ мешуморанд ва эҳтимол медиҳанд, ки он ба давраи пеш аз паҳншавии забони тоҷикӣ дар ин минтақа тааллуқ дошта бошад, бидуни он ки то ба ҳол решаи дақиқи онро муайян созанд.
Луғатшиноси тоҷик Абдусамад Ҳайдаров дар ''«Фарҳанги тафсирии мухтасари луғоти шеваи ҷанубу шарқии забони тоҷикӣ»'' (2019) дар бораи вожаи ''«ванҷ»'' маълумоти муфассали фарҳангшиносиро ҷамъбаст намудааст<ref name="fn166">Ҳайдаров А. Фарҳанги тафсирии мухтасари луғоти шеваи ҷанубу шарқии забони тоҷикӣ. --- Душанбе: ЭР-Граф, 2019. --- С. 14--17.</ref>. Тибқи ин пажӯҳиш, дар фарҳангномаҳои классикии форсиву тоҷикӣ вожаи ''«ван»''/''«ванҷ»'' дар маъноҳои гуногун сабт шудааст: номи деҳае дар Насаф (муарраби ''«вана»'', тибқи ''«Фарҳанги Ананд Роҷ»''); шабеҳу монанд, меваи мағздор, ҷангали пурдарахт ва номи шаҳре (тибқи ''«Бурҳони қотеъ»''); аз забони ҳиндӣ (санскрит) ба маънои ''«ҷангал»'', ''«беша»'' (тибқи ''«Фарҳанги Нафисӣ»''); меваи ба зира монанд бо мағзак ва ташбеҳ (тибқи ''«Ғиёс-ул-луғот»''); ва ниҳоят – ''«гунҷишк»'' (тибқи ''«Туҳфат-ул-аҳбоб»'' ва ''«Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ»''). Гурӯҳи дигари муҳаққиқон, аз ҷумла И. М. Стеблин-Каменский, А. З. Розенфелд, В. Томашек ва А. Д. Девонақулов, вожаи ''«ванҷ»''-ро аз ''«ван»'' ба маънои ''«бед»'' гирифташуда медонанд.<ref name="fn166" />
Ҳайдаров бо усули муқоисаи фарҳангномавӣ нишон медиҳад, ки маънои ''«гунҷишк»'' эҳтимолан натиҷаи хатои котибист: дар қадимтарин фарҳанги дастрас – ''«Луғати фурс»''-и Асадии Тӯсӣ (саҳ. 73) – барои ''«гунҷишк»'' на ''«ванҷ»'', балки ''«вунҷ»'' омадааст, ва азбаски дар хатти арабӣ навишти ин ду вожа якхела аст, ба андешаи муаллиф, дар фарҳангномаҳои баъдӣ ба ҷои ''«вунҷ»'' хатан ''«ванҷ»'' сабт гардидааст. Ин фарзияро ӯ бо далели дигар низ тақвият медиҳад: дар забони гуфтугӯии тоҷикӣ шаклҳои гуногуни калимаи ''«гунҷишк»'' – ''«вунҷишк»'', ''«бунҷишк»'', ''«гундишк»'' – ҳама пас аз ҳарфи аввал садоноки кӯтоҳи ''«у»''-ро мегиранд, на ''«а»''-ро. Аз ин муҳимтар, дар забони куҳани ванҷӣ худи вожаи ''«гунҷишк»'' тамоман калимаи дигаре буд – ''«курҷик»'' – монанди забони ҳамсояи имрӯзаи язғуломӣ (''«чуғак»'') ва шуғнонӣ (''«вудуч»''); агар водӣ ба номи ин парранда гузошта мешуд, мебоист ''«Курҷик»'' номида мешуд, на ''«Ванҷ»''.<ref name="fn166" /> Ба ин тартиб, ба андешаи аксари муҳаққиқон, решаи бовариноктарини номи ''«Ванҷ»'' ҳамон вожаи ''«ван»'' ба маънои ''«бед»'' аст, ки дар забонҳои зиндаи имрӯзаи помирӣ низ боқӣ мондааст: шуғнонӣ ''«wank»'', бартангӣ ''«wanoch»'', рӯшонӣ ''«wanoj»'', орошорӣ ''«wanuj»''.<ref name="fn166" />
Дар баробари ин, дар байни мардуми маҳаллӣ фарзияи дигаре низ роиҷ аст, ки тибқи он вожаи ''«ванҷ»'' муродифи калимаи ''«ганҷ»'' (яъне ''«хазина»'') мебошад. Ҳайдаров ин фарзияро ба падидаи табдили овозҳои ''«в»''→''«г»''→''«к»'' дар лаҳҷаи маҳаллӣ пайванд медиҳад, ки намунаҳои он дар ҷуфти калимаҳои боқимондаи забони куҳани ванҷӣ, ки то имрӯз дар нутқи шифоҳии мардум ҳамроҳи муодилҳои тоҷикиашон истифода мешаванд (масалан, ''«сару мангал»'', ''«санди нозо»'', ''«кари шумук»'', ''«гарми тумухч»''), ба назар мерасад.<ref name="fn166" /> Вожаи ''«ганҷ»'' то имрӯз дар нутқи мардуми Ванҷ серистеъмол буда, ҳатто баъзе хӯрокворӣ (мисли ширравған), меваҳо (мисли тут) ва анбори неъмат (''«ганҷур»'') бо ҳамин ном ёд мешаванд; ибораи қадимии ''«ванҷи ману ганҷи ман»'', ки зиёда аз ҳазор сол вирди забони мардум аст, низ, ба назари муаллиф, метавонад далели воқеии ин пайванди маъноӣ бошад.<ref name="fn166" />
Номи Ванҷ соли 2023 ба бузургтарин лозури Помир низ гузошта шуд: 31 июли соли 2023 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии [[Тоҷикистон]] лозури Федченко расман Ванҷях номгузорӣ гардид.<ref name="fn10">[https://khovar.tj/rus/2024/06/lednik-vandzhyah-odin-iz-samyh-bolshih-lednikov-tadzhikistana-i-gornyh-sistem-mira/ Ледник Ванджях -- один из самых больших ледников Таджикистана и горных систем мира] (рус.) // НИАТ «Ховар», 9 июни 2024. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn11">[https://rus.ozodi.org/a/32555126.html СМИ: крупнейший на Памире ледник Федченко переименован в «Ванджях»] (рус.) // Радиои Озодӣ, 20 августи 2023. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Ҷойгоҳ ==
Ноҳияи Ванҷ бо сарзамини 4430,5 км² дар миёни қаторкӯҳҳои [[Дарвоз]] ва Язғулом воқеъ аст. Дар шимол бо [[Сангвор|ноҳияи Сангвор]] (Тавилдараи пешин), дар шарқ бо [[Мурғоб|ноҳияи Мурғоб]], дар ҷануб бо [[Рӯшон|ноҳияи Рӯшон]], дар ғарб бо ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ва дар ҷанубу ғарб, аз тариқи рӯди Панҷ, бо ноҳияи Дарвози вилояти [[Бадахшон|Бадахшони]] [[Афғонистон]] ҳаммарз мебошад.<ref name="fn1" /> Марзи шарқии ноҳияро қаторкӯҳи Академияи илмҳо ташкил медиҳад.<ref name="fn12">Republic of Tajikistan, map showing administrative division as of January 1, 2004, «Tojikkoinot» Cartographic Press, Dushanbe.</ref>
Аз шимолу шарқи ноҳия ба ҷанубу ғарби он рӯдҳои Ванҷ) ва Язғулом ҷорӣ мешаванд, ки ба рӯди Панҷ мерезанд. Сарзамини ноҳия ду водии нисбатан васеи Бадахшонро дар бар мегирад. Яке аз онҳо дараи рӯди Ванҷ аст, ки беш аз 150 км дарозо дорад ва аз лозурҳои Ҷамъияти ҷуғрофӣ, Хирсон ва Абдуқаҳҳор оғоз мегирад. Водии дигар дараи рӯди Язғулом аст, ки дар миёни қаторкӯҳҳои Язғулому Рӯшон ҷой гирифтааст. Ин ду водиро аз ҳамдигар қаторкӯҳи Ванҷ ҷудо мекунад.<ref name="fn12" /> Баландии маҳал аз сатҳи дарё аз 1500 то 5000 метр мебошад.
Дар бораи сабаби номгузории қаторкӯҳҳои атрофи Ванҷ, Д. И. Эделман чунин таваҷҷуҳ медиҳад:
''«Названия хребтов в исконной топонимии не прослеживаются. Те наименования, которые мы видим сейчас на географических картах,— позднейшие. Они даны исследователями в основном по принципу смежности с той или иной долиной. Ванчский хребет отделяет Ванч от Язгулема, Язгулемский хребет — Язгулем от Рушана-Бартанга, Рушанский — долину Рушана от Гунта…»''
Тарҷума: ''«Номҳои қаторкӯҳҳо дар ҷойномҳоии аслӣ дида намешаванд. Номҳое, ки мо имрӯз дар харитаҳои ҷуғрофӣ мебинем, аз давраҳои баъдтаранд. Онҳоро муҳаққиқон асосан бар мабнои усули ҳамҷаворӣ бо ин ё он водӣ гузоштаанд. Қаторкӯҳи Ванҷ, Ванҷро аз Язғулом ҷудо мекунад, қаторкӯҳи Язғулом — Язғуломро аз Рӯшону Бартанг, қаторкӯҳи Рӯшон — водии Рӯшонро аз Ғунд…»''.<ref name="fn13">Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 47.</ref>
Дарёи Ванҷ (Ванҷоб) 103 км дарозӣ ва 2070 км² ҳавзаи обғундорӣ дорад. Он аз ҳамроҳшавии ду шохоб падид меояд: яке аз лозурҳои нишебии шимолии қаторкӯҳи Ванҷ сарчашма мегирад, дигаре бошад – аз нишебиҳои ғарбии қаторкӯҳи Академияи илмҳо. То резишгоҳи шохоби Кашолаях худи дарё номи Абдуқаҳҳорро дорад; танҳо пас аз ҳамроҳ шудан бо ин шохоб он ба номи Ванҷоб мубаддал мегардад. Сарфи миёнаи солонаи об дар резишгоҳи дарё 49,4 м³/с аст.<ref name="fn14">Ванч (рус.) // Большая советская энциклопедия. --- 3-е изд. --- М.: Советская энциклопедия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дарёи Язғулом 80 км тӯл кашида, масоҳати ҳавзаи он 1970 км²-ро ташкил медиҳад; қисми болоии он то ҳамроҳшавии дарёи Ракзов Мазордара номида мешавад, сарфи миёнаи об дар поёноби дарё 36,2 м³/с буда, ғизои дарёҳои ноҳия асосан барфию лозурист ва сермобтарин моҳ июл аст.<ref name="fn1" />
Тавсифи муфассали гидрографии дарёи Ванҷро низ капитан Кузнецов ҳанӯз соли 1892 сабт кардааст. Ба гуфтаи ӯ, дарё аз ду шохоб — оби-Кашолаях (аз рост) ва оби-Абдуқаҳҳор (аз чап) — сарчашма мегирад, ки худ аз лозурҳои Куҳи-Лазурӣ об мегиранд, ва номи муосири шохоби ''«Абдуқаҳҳор»'', ки ҳанӯз дар гуфтаи боло зикр омада буд, маҳз бо ҳамин навиштаи асри XIX мутобиқат мекунад:
''«Рѣка оби-Ванчъ, берущая начало двумя рѣками: правой оби-Кашалъ-Аякъ и лѣвой оби-Абдукогоръ изъ ледниковъ Куи-Лазырь, течетъ въ юго-западномъ направленіи въ большинствѣ случаевъ разливаясь на много рукавовъ и образуя массу острововъ–тугаевъ.»''
Тарҷума: ''«Дарёи оби-Ванҷ, ки аз ду рӯд — рости оби-Кашолаях ва чапи оби-Абдуқаҳҳор — аз лозурҳои Куҳи-Лозурӣ сарчашма мегирад, дар самти ҷанубу ғарбӣ ҷараён дошта, дар аксари ҳолат ба бисёр шохобчаҳо тақсим мешавад ва анбӯҳи ҷазираҳо — тӯғайҳоро ба вуҷуд меорад»''.<ref name="fn15">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 32.</ref> Кузнецов инчунин баландии рустоҳои соҳили дарёи Ванҷро аз сатҳи баҳр чен кардааст: аз резишгоҳи он ба Панҷ (5110 қадам) то рустоҳои Рохарв (6250 қадам), Бунай (6590 қадам), Техарв (7260 қадам), Старғ (7670 қадам) ва Ванван (8020 қадам); ва дар бораи қаторкӯҳи байни Ванҷу Язғулом, ки имрӯз бо номи қаторкӯҳи Ванҷ маъруф аст, чунин навиштааст:
''«Горный хребетъ, расположенный между рѣками Ванчъ и Язгулемъ, носитъ названіе Ванчскаго. Восточная его часть покрыта вѣчными снѣгами и ледниками, западная – скалистая. Растительности на немъ нѣтъ никакой.»''
Тарҷума: ''«Қаторкӯҳе, ки миёни дарёҳои Ванҷу Язғулом воқеъ аст, номи Ванҷро дорад. Қисми шарқии он бо барфу лозурҳои ҷовидона пӯшида аст, қисми ғарбӣ бошад — сахраист; дар он ҳеҷ гуна рустание вуҷуд надорад»''.<ref name="fn13" />
Ванҷ дар соҳили яке аз шохобҳои бузурги рости дарёи Панҷ (болооби Ому), ки бо номи Ванҷоб маъруф аст, ҷой гирифтааст. Масофа аз маркази ноҳия то шаҳри Хоруғ 176 км ва то шаҳри [[Душанбе]] 387 км аст.
Тавсифи аввалини илмии ҷуғрофии қаторкӯҳҳои иҳотакунандаи водии Ванҷ ба шарқшиноси рус А. А. Семёнов тааллуқ дорад, ки соли 1898 дар доираи экспедитсияи расмии граф А. А. Бобринский аз ин минтақа дидан карда буд. Ӯ дар китоби худ навиштааст:
''«Часть Дарваза по правую сторону Пянджа (Сѣверный Дарвазъ) занимаетъ западный склонъ Памирскаго плоскогорья: этотъ край изрѣзываютъ глубокими долинами рѣкъ: Пянджа и его притоковъ справа: Оби-Хингоу, Ванджа и Язгулина. Водораздѣломъ этихъ рѣкъ служатъ два высокихъ хребта: Дарвазскій, между рр. Оби-Хингоу и Ванджемъ, и Ванджскій,–между долинами Ванджа и Язгулина... Въ верховьяхъ Ванджа всѣ упомянутыя горныя цѣпи сходятся въ одинъ узелъ и сливаются съ Памирами.»''
Тарҷума: ''«Қисми Дарвоз, ки дар канори рости Панҷ ҷойгир аст (Дарвози Шимолӣ), нишеби ғарбии баландсаҳрои Помирро фаро мегирад: ин канораро водиҳои амиқи дарёҳо буридаанд – Панҷ ва шохобҳои рости он: Оби-Хингов, Ванҷ ва Язғулом. Марзи обҷудокунии ин дарёҳоро ду қаторкӯҳи баланд ташкил медиҳанд: Дарвоз – миёни рӯдҳои Оби-Хингову Ванҷ, ва Ванҷ – миёни водиҳои Ванҷу Язғулом... Дар болооби Ванҷ ҳамаи ин қаторкӯҳҳои зикршуда ба як гиреҳ мепайванданд ва бо Помир мепайванданд»''.<ref name="fn16">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 6.</ref>
Дар ҳамин гиреҳи кӯҳӣ, ки қаторкӯҳҳои Ванҷу Дарвоз бо Помир мепайванданд, Семёнов ағбаи баландеро ба қайд гирифтааст, ки ба болооби Ванҷ мебарад: ''«Въ этомъ горномъ узлѣ лежить на высотѣ свыше 15 тыс. футовъ надъ уровнемъ моря перевалъ Сытаргй въ долину р. Вандж, или Ванча»'' – тарҷума: ''«Дар ҳамин гиреҳи кӯҳӣ, дар баландии зиёда аз 15 ҳазор фут аз сатҳи баҳр, ағбаи Сытаргӣ ба водии дарёи Вандж (Ванҷ) ҷойгир аст»''.<ref name="fn17">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 7.</ref>
=== Лозурҳо ва қуллаҳо ===
Болооби дараи Ванҷ, ки дар он ҷо рӯд номи Абдуқаҳҳор (Абдукагор)-ро дорад, аз калонтарин марказҳои лозурии Помир ба шумор меравад. Бузургтарин лозури ҳавзаи рӯди Ванҷ лозури Ҷамъияти ҷуғрофӣ мебошад, ки дар маҳалли пайвастшавии қаторкӯҳҳои Академияи илмҳо ва Дарвоз ҷой гирифта, дарозиаш 24,2 км ва масоҳаташ 64,4 км² аст. Ин лозур соли 1882 кашф гардида, соли 1928 ба шарафи Ҷамъияти ҷуғрофии [[Русия]] номгузорӣ шудааст.<ref name="fn18">[https://rgo.ru/activity/redaction/news/lednik-geograficheskogo-obshchestva-na-pamire-taet/ Ледник Географического общества на Памире тает] (рус.) // Сомонаи расмии Ҷамъияти ҷуғрофии Русия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар ҳавзаи Абдуқаҳҳор, дар нишебии ғарбии қаторкӯҳи Академияи илмҳо, лозури Хирс (дар адабиёти илмии русӣ – Медвежий) воқеъ аст, ки бо ҳаракатҳои даврии ногаҳонии худ (сёрҷ) дар ҷаҳон шуҳрат дорад. Дарозии лозури Хирс 15,8 км ва масоҳаташ 25,3 км² аст; ҳавзаи барфии он дар баландии беш аз 5500 м бо ҳавзаи лозури Ванҷях (Федченко) муштарак буда, забонаи борику дарози он бо яхшораи (ледопад) 900-метра аз ҳавзаи ғизогирии фирнӣ ба дараи чуқур, то баландии 2900 м, фуруд меояд.<ref name="fn19">Медвежий ледник // Словарь современных географических названий / Рус. геогр. о-во. Моск. центр; под общ. ред. акад. В. М. Котлякова. --- Екатеринбург: У-Фактория, 2006.</ref> Забонаи ин лозур дар зарфи чанд моҳ то 2 км ба поёни дара пеш рафта, маҷрои дарёи Абдуқаҳҳорро мебандад ва кӯли лозурӣ ба вуҷуд меоварад, ки шикофта шудани он ба обхезиҳои харобиовар дар водии Ванҷ оварда мерасонад. Чунин ҳаракатҳо дар солҳои 1916, 1937, 1951, 1963, 1973, 1989, 2001 ва 2011 ба қайд гирифта шудаанд.<ref name="fn20">[https://www.silkadv.com/en/content/lednik-medvezhiy-v-hrebte-akademii-nauk Ледник Медвежий в хребте Академии Наук] (рус.) // Silk Road Adventures. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ҳангоми ҳаракати соли 1963 лозур қариб 1,75 км пеш рафта, дараи Абдуқаҳҳорро баст ва дар он сол ду маротиба (19 июн ва 3 июл) обхезиҳои лозурӣ рӯй доданд. Соли 1973 садди яхине бо паҳноии тақрибан ним километр ва баландии саду панҷоҳ метр дараро банд карда, дар паси он кӯле бо чуқурии то 110 метр пайдо шуд; 19 июни соли 1973, вақте ки дар кӯл 27 млн м³ об ҷамъ омада буд, рахнашавии он ба амал омад.<ref name="fn21">[https://glaciallakes.narod.ru/articles/articl_other/3-1.htm Виноградов Ю. Б. Сведения о прорывах озёр, подпруженных ледниками] (рус.). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар қисмати шарқии қаторкӯҳи Язғулом, дар марзи ҷанубу шарқии ноҳия, қуллаи Истиқлол (то соли 2006 – қуллаи Революция; 6940 м) – чорумин қуллаи баланди Тоҷикистон қомат афрохтааст. Дар домани шимолии он лозури бузурги Федченко – дарозтарин лозури кӯҳии ҷаҳон берун аз минтақаҳои қутбӣ (77 км) оғоз меёбад.<ref name="fn22">[http://wiki.risk.ru/index.php/%D0%9F%D0%B8%D0%BA_%D0%A0%D0%B5%D0%B2%D0%BE%D0%BB%D1%8E%D1%86%D0%B8%D0%B8 Пик Революции] (рус.) // Wiki.risk.ru. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Ин лозур, ки соли 1878 онро Василий Ошанин кашф карда, ба шарафи табиатшинос Алексей Федченко номгузорӣ намуда буд, аз 31 июли соли 2023 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расман Ванҷях ном дорад.<ref name="fn10" /><ref name="fn11" /> Паҳноии миёнаи лозур 2 км ва ҳадди аксараш 5 км буда, ғафсии ях то 1 км ва ҳаҷми он ҳамроҳ бо шохобҳояш 144 км³ мерасад; лозур аз баландии 6200 м оғоз ёфта, забонааш то баландии 2909 м фуруд меояд ва дар силсилаи он 100 лозури хурду бузург, аз ҷумла 26 шохоби бевосита, ба ҳам пайвастаанд. Дар канори чапи лозур, дар баландии 4169 м, 7 августи соли 1933 истгоҳи гидрометеорологӣ кушода шуда буд, ки то соли 1995 бефосила кор кард ва соли 2004 дар доираи лоиҳаи байналмилалӣ дар он ҷо истгоҳи худкор насб гардид. Бар асари гармшавии иқлим лозур танҳо дар садаи XX дар танаи асосии худ тақрибан 15 км³ ях – даҳяки массаи худро – аз даст додааст.<ref name="fn10" />
Тибқи баррасиҳои лозуршиносии охирин, масоҳати умумии лозури Ванҷях (Федченко) тақрибан 700 км² арзёбӣ мешавад ва ҳаҷми умумии яхи он, бар пояи ченкунии ғафсии қабати ях, 123,4 ± 28 км³ ҳисоб карда шудааст.<ref name="fn23">[https://www.cambridge.org/core/journals/journal-of-glaciology/article/evolution-of-fedchenko-glacier-in-the-pamir-tajikistan-during-the-past-eight-decades/0F2F382BD7954575E28B20128B7825E2 The evolution of Fedchenko glacier in the Pamir, Tajikistan, during the past eight decades] (англ.) // Journal of Glaciology. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар тӯли 93 соли мушоҳидаи илмӣ (1928-2021), суръати миёнаи тағйири баландии сатҳи лозур ба −0,46 метр дар сол расидааст, ҳарчанд дар ду фосилаи алоҳида – солҳои 1958-1980 ва 2010-2021 – коҳиши баландии забонаи лозур ду баробар аз меъёри дарозмуддат тезтар будааст.<ref name="fn24">[https://eartharxiv.org/repository/view/7474/ Multi-temporal elevation changes of Fedchenko Glacier, Tajikistan, from 1928 to 2021] (англ.) // EarthArXiv / Journal of Glaciology, 2024. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ченкуниҳои GNSS ва тасвирбардории радарии TanDEM-X нишон медиҳанд, ки мувозинати ҷирмии лозур аз −0,27 ± 0,05 метри муодили обӣ дар сол барои давраи 2000-2011 то −0,51 ± 0,04 метр дар сол барои давраи 2011-2016 бадтар шудааст, яъне суръати обшавии лозур дар даҳсолаи охир тақрибан ду баробар афзудааст.<ref name="fn25">Lambrecht A., Mayer C., Wendt A., Floricioiu D., Völksen C. Elevation change of Fedchenko Glacier, Pamir Mountains, from GNSS field measurements and TanDEM-X elevation models, with a focus on the upper glacier // Journal of Glaciology.</ref> Бо вуҷуди ин, азбаски забонаи лозур бо қабати ғафси хоку сангреза пӯшида аст, масоҳати намоёни он тайи даҳсолаҳо танҳо 1,4 фоиз тағйир ёфта, дар ҳоле ки ҳаҷми аслии яхи он коҳиши назаррас – тақрибан 5 км³ дар тӯли ҳашт даҳсола – доштааст.<ref name="fn23" /> Тибқи маълумоти барномаи UNEP GRID-Arendal, забонаи лозур аз соли 1933 инҷониб зиёда аз 1 километр ба ақиб нишастааст ва аз соли 1980 инҷониб тақрибан 50 метр паст шудааст.<ref name="fn26">[https://www.grida.no/resources/5274 Shrinking of Fedchenko Glacier in the Pamirs of Tajikistan] (англ.) // UNEP GRID-Arendal. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Пажӯҳиши соли 2026 дар маҷаллаи ''«Remote Sensing»'' доир ба ҳавзаи лозурии дарёи Вахш, ки низоми лозурии Ванҷях (Федченко)-ро низ фаро мегирад, нишон дод, ки масоҳати умумии лозурҳои ин ҳавза аз 4440,9 км² дар соли 2000 то 4087,1 км² дар соли 2018 коҳиш ёфта, барои соли 2025 тахминан 3955,2 км² пешбинӣ мешавад; яъне тайи солҳои 2000-2025 масоҳати умумии лозурҳо 485,7 км² (10,94 фоиз) кам шуда, коҳиши миёнаи солона ба 19,43 км² мерасад.<ref name="fn27">[https://www.mdpi.com/2072-4292/18/9/1436 Changes in Glaciers of the Vakhsh River Basin, Tajikistan Under Global Climate Change] (англ.) // Remote Sensing, ҷ. 18, № 9, мақолаи 1436, 2026.</ref>
Қисмати шарқии кӯҳистони ноҳия, аз ҷумла шарқи қаторкӯҳи Ванҷ ва минтақаи лозури Федченко, ба ҳудуди Боғи миллии Тоҷикистон дохил мешавад, ки соли 1992 таъсис ёфтааст ва моҳи июни соли 2013 таҳти унвони ''«Боғи миллии Тоҷикистон (кӯҳҳои Помир)»'' ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии [[ЮНЕСКО]] шомил гардид.<ref name="fn28">[https://news.un.org/ru/story/2013/06/1224271 Таджикский национальный парк «Горы Памира» включён в список Всемирного наследия ЮНЕСКО] (рус.) // Маркази ахбори СММ, июни 2013. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn29">[https://medt.tj/ru/tourism/tourism/1424-tajikskiy-natsionalniy-park-obekt-vsemirnogo-naslediya-unesco Таджикский национальный парк --- объект Всемирного наследия ЮНЕСКО] (рус.) // Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Заминҷунбӣ ===
Ноҳияи Ванҷ дар минтақаи аз ҷиҳати заминҷунбӣ фаъол ҷой дорад. 2 январи соли 2010 дар шарқи Тоҷикистон заминҷунбие бо бузургии 5,1-5,4 рух дод, ки дар натиҷаи он дар маркази ноҳияи Ванҷ ва деҳаҳои Роғу Гишхунбеш аз 1050 бино хароб гардида, тибқи баъзе маълумот то 20 ҳазор нафар зарар диданд ва зиёда аз ҳазор сокин муваққатан бесарпаноҳ монданд.<ref name="fn30">[https://ria.ru/earthquake_Tadjikistan_03012010/ Землетрясение магнитудой в 5,1 балла произошло в Таджикистане] (рус.) // РИА Новости, 2--3 январи 2010. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn31">[https://dialog.tj/table/smertonosnaya-stihiyato-rasskazyvaem-pro-samye-razrushitelnye-zemletryaseniya-v-tadzhikistane-i-mire/ Смертоносная стихия: рассказываем про самые разрушительные землетрясения в Таджикистане и мире] (рус.) // Диалог.TJ. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Иқлим ==
Иқлими ноҳияи Ванҷ қораӣ (континентӣ) аст; тобистонаш гарми бебориш, зимистонаш сарди камбарф; ҳарорати миёна дар моҳи июл 20-24 °C, дар январ аз −12 °C то −20 °C. Мизони борандагии солона 200-300 миллиметр аст. Баландиҳои 4000-5500 м марғзоранд, аз он болотар – тундраи кӯҳист. Дар баландкӯҳҳо иқлим ба куллӣ дигар аст: дар минтақаи лозури Ванҷях ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво ҳатто дар моҳҳои июн-сентябр ҳамагӣ +1,6 °C буда, миқдори солонаи боришот дар он ҷо ба 1192 мм мерасад, ки 99 дарсади он ба шакли барф меборад.<ref name="fn10" />
=== Таснифи иқлимӣ ва механизмҳои ташаккулёбандаи он ===
Тибқи таснифи байналмилалии иқлимшиносии Кёппен-Гейгер (Köppen-Geiger), иқлими қисми асосии водиҳои поёнии ноҳияи Ванҷ ба гурӯҳи Dsa – ''«иқлими қораии мӯътадил бо тобистони гарму хушк»'' – мансуб дониста мешавад.<ref name="fn32">[[:en:Vanj_District|Vanj]] (англ.) // Wikipedia, the Free Encyclopedia. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ин рамз се хусусияти бунёдиро ифода мекунад: ҳарфи D нишон медиҳад, ки ҳарорати миёнаи сардтарин моҳи сол аз −3 °C поёнтар аст ва барф дар зимистон қабати устувор ташкил медиҳад, дар ҳоле ки гармтарин моҳ аз 10 °C болотар аст; ҳарфи s далолат мекунад, ки боришоти моҳи хушктарини тобистон ба маротиб камтар аз боришоти моҳи сербориштарини зимистону баҳор аст; ҳарфи a нишон медиҳад, ки ҳарорати миёнаи гармтарин моҳи сол аз 22 °C зиёдтар аст. Ин таснифот танҳо то баландиҳои тақрибан 2000-2500 метр эътибори комил дорад; бо боло рафтан аз ин сатҳ, иқлим ба категорияҳои сардтару намноки Dsb ва Dsc мегузарад, дар баландиҳои беш аз 3500-4000 метр ба категорияи E (иқлими тундраи кӯҳӣ) ва дар минтақаи лозурҳо, аз ҷумла дар ҳавзаи Ванҷях, ба категорияи EF (иқлими яхбандии доимӣ) табдил меёбад.<ref name="fn33">Outlook on climate change adaptation in the Central Asian mountains (англ.) // Carpathian Convention. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Иқлими ноҳия натиҷаи таъсири мутақобилаи се механизми асосии атмосферист. Дар фасли зимистон (аз ноябр то март) минтақа таҳти таъсири канораи ҷанубу ғарбии Антитсиклони Сибирӣ қарор мегирад, ки массаҳои ҳавоии сарду хушкро ба водиҳои Помир ворид карда, ҳавои софи вале шадидан сарди зимистонаро ба вуҷуд меорад.<ref name="fn34">Рамочная модель управления экологическими и социальными охранными мерами (РМУЭСОМ) (рус.) // ECDP.TJ. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар охири зимистону фасли баҳор, силсилабодҳои ғарбӣ (Westerlies), ки аз уқёнуси Атлантик ва баҳри Миёназамин ҷараён мегиранд, манбаи асосии намӣ ва боришот мебошанд; вақте ин сиклонҳо ба қаторкӯҳҳои баланди Ванҷу Язғулом бармехӯранд, раванди боришоти орографӣ (кӯҳсоз) рӯй медиҳад, ки боиси резиши миқдори зиёди борону барф мегардад. Дар моҳҳои июлу август бошад, гармшавии шадиди сатҳи замин дар биёбонҳои Афғонистону Эрон боиси пайдоиши минтақаҳои фишори паст мегардад, ки массаҳои ҳавоии тропикии хушкро ба минтақа ворид карда, равандҳои абрсозиро бозмедоранд ва давраи хушксолии тобистонаро фаро меоранд. Бо сабаби парокандагии шабакаи истгоҳҳои обуҳавосанҷӣ дар кӯҳистони Помир, таҳлили дақиқи микроиқлимҳои алоҳида – ҳатто бо истифода аз пойгоҳҳои додаҳои глобалӣ ба монанди MERRA-2 – то ҳанӯз кори мураккабе боқӣ мемонад.<ref name="fn35">[https://www.nature.com/articles/s41598-025-86366-4 Modeling of historical and future changes in temperature and precipitation in the Panj River Basin in Central Asia under the CMIP5 RCP and CMIP6 SSP scenarios] (англ.) // PMC. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Низоми ҳарорат ===
Маълумоти мушаххаси истгоҳҳои метеорологии маҳаллӣ манзараи дақиқтари низоми ҳароратиро пешкаш мекунанд. Тибқи таҳлили илмии соли 2024, ки бар асоси мушоҳидаҳои истгоҳи обуҳавосанҷии Хумроғӣ (воқеъ дар ҳавзаи болооби рӯди Ванҷ) анҷом дода шудааст, ҳарорати миёнаи солона дар ин минтақа тақрибан ба +9,9 °C баробар аст.<ref name="fn36">[https://www.mdpi.com/2072-4292/16/10/1730 Murodov, M.; Li, L.; Safarov, M.; Lv, M.; Murodov, A.; Gulakhmadov, A.; Khusrav, K.; Qiu, Y. A Comprehensive Examination of the Medvezhiy Glacier\\\'s Surges in West Pamir (1968--2023)] (англ.) // Remote Sensing. --- 2024. --- Ҷ. 16, № 10. --- Мақолаи 1730. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Гармтарин моҳи сол июл буда, ҳарорати миёнаи он ба +23,0 °C мерасад,<ref name="fn36" /> баъзе манбаъҳои дигар ҳарорати миёнаи июлро дар маркази ноҳия то +25 °C арзёбӣ мекунанд.<ref name="fn32" /> Тибқи маълумоти сомонаҳои обуҳавосанҷии оммавӣ, дар давоми рӯзҳои гарми тобистон (масалан, дар охири июлу аввали август) ҳарорати нимирӯзӣ метавонад ба таври муназзам то +27...+32 °C боло равад.<ref name="fn37">[https://www.gismeteo.ru/weather-vanch-336641/ Погода в Ванче сегодня] (рус.) // Gismeteo. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Сардтарин моҳи сол январ аст, ки тибқи маълумоти истгоҳи Хумроғӣ ҳарорати миёнааш аз −4,9 то −5,0 °C-ро ташкил медиҳад.<ref name="fn36" /><ref name="fn32" /> Ин рақам аз тавсифи умумии дар боло овардашуда (аз −12 то −20 °C), ки маъмулан дар сарчашмаҳои донишномавӣ дар бораи маркази ноҳия дода мешавад, фарқи назаррас дорад; чунин ба назар мерасад, ки ин тафовут на ихтилофи асл, балки натиҷаи фарқи мавқеи чен ва усули ҳисоб бошад – рақами дуюм эҳтимолан ба ҳарорати шабонаи ниҳоии сардтарин рӯзҳо ё ба минтақаҳои баландтари ноҳия дахл дорад, дар ҳоле ки рақами якум ҳарорати миёнаи моҳонаро дар як истгоҳи мушаххас инъикос мекунад. Муҳимтарин хусусияти ин иқлим амплитудаи миёнаи солонаи ҳарорат аст, ки ба 27,9 °C мерасад ва гувоҳи равшани набудани таъсири мӯътадилкунандаи баҳрҳо мебошад.<ref name="fn36" />
Ҳароратҳои фавқулода низ ба қайд гирифта шудаанд: тибқи як ҳуҷҷати арзёбии экологию иҷтимоӣ, дар моҳи июли соли 2013 ҳарорати ҳаво дар ноҳия то +36,6 °C расидааст, дар ҳоле ки дар моҳи январи соли 2012 пасттарин ҳарорати мутлақ −20,5 °C ба қайд гирифта шуд;<ref name="fn34" /> тафовути миёни ин ду нишондиҳанда – беш аз 57 дараҷа – худ далели равшани шиддати иқлими қораии кӯҳистонии ноҳия аст.
Бо ҳар 100 метр болоравии баландӣ, ҳарорати ҳаво, тибқи қонунияти умумии физикаи атмосфера, ба ҳисоби миёна 0,6 °C коҳиш меёбад; маҳз ҳамин градиенти амудӣ сабаб мешавад, ки дар ҳоле ки дар маркази ноҳия тобистон гармои то 30 дараҷа ҳукмфармост, дар баландиҳои болои 4000 метр шароити наздик ба зимистон боқӣ мемонад. Дар минтақаи лозури Ванҷях, тавре ки дар боло зикр гардид, ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво ҳатто дар моҳҳои июн-сентябр ҳамагӣ +1,6 °C-ро ташкил медиҳад, ки шабнаму яхбандии шабонаро дар он ҷо ҳатто дар авҷи тобистон табиӣ мегардонад.
=== Боришот ва намнокии ҳаво ===
Тақсимоти боришот дар ноҳияи Ванҷ, мисли ҳарорат, ба таври шадид вобаста ба баландӣ тағйир меёбад. Тибқи маълумоти истгоҳи Хумроғӣ, боришоти миёнаи солона дар ҳавзаи болооби рӯди Ванҷ ба 341 мм мерасад,<ref name="fn36" /> дар ҳоле ки дар қисматҳои поёнии водӣ ин рақам ба 200-300 мм наздик аст (ниг. боло), ва дар баъзе минтақаҳои миёнакӯҳ, тибқи баъзе сарчашмаҳо, то 626 мм низ мерасад.<ref name="fn32" /> Хусусияти муҳимтарин на ҳаҷми умумии боришот, балки тақсимоти бениҳоят нобаробари он дар тӯли сол аст: моҳи сербориштарин март буда, ба ҳисоби миёна 64 мм боришот дорад ва бо обшавии ҳамзамони барфҳои кӯҳӣ сатҳи оби Ванҷобу Язғуломро кескин боло мебарад; моҳи хушктарин бошад, август аст, ки миқдори боришот дар он ҳамагӣ ба 1 мм мерасад.<ref name="fn36" /> Тафовути 63-миллиметра миёни ин ду моҳ нишондиҳандаи равшани хушксолии мутлақи тобистона мебошад.<ref name="fn36" />
Намнокии нисбии ҳаво низ ба ҳамин ритми мавсимӣ пайравӣ мекунад: дар авҷи тобистон он метавонад то 18-24 фоиз коҳиш ёбад,<ref name="fn38">Погода в Ванче (Таджикистан) (рус.) // JSPRAV.ru. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> ки боиси бухоршавии босуръати намӣ аз сатҳи хоку баргу набот гардида, эҳтиёҷи кишоварзиро ба обёрии сунъӣ хеле меафзояд. Дар муқобил, дар минтақаи баландкӯҳии лозури Ванҷях, тавре ки дар боло омад, миқдори солонаи боришот ба 1192 мм мерасад, ки 99 дарсади он ба шакли барф меборад – рақаме, ки таъсири орографии (кӯҳсози) қаторкӯҳҳои Ванҷу Академияи илмҳоро ба таври возеҳ нишон медиҳад: ҳангоме ки массаҳои ҳавоии намнок ба ин деворҳои азим бармехӯранд, ба боло ҳаракат карда, сард мешаванд ва намии худро дар шакли боришоти шадид дар минтақаҳои баландтар мепартоянд, дар ҳоле ки водиҳои поёнӣ дар ''«сояи боришот»'' боқӣ мемонанд.
Хоки водиҳо ҷигарӣ ва чаманзорӣ (чимтолӣ); хоки кӯҳҳо ва нишебиҳои онҳо даштӣ ва марғзору баландкӯҳ, ҷо-ҷо регзор аст. Аксари хокҳо серсанганд.
Дар водиҳо набототи даштӣ, дар кӯҳҳо ва доманаи онҳо дарахтони бед, арча, сафедор, буттаҳои ангат, зирк, бушол, настаран; дар баландии 2000-4000 м камол, юған, торон, ревоҷ (чукрӣ), куруш, фарк, курт, бодом, жағн, тӯс (буруҷ) ва ғайра мерӯянд. Дар водии Ванҷ дарахтони мевадор, аз қабили тут, зардолу, себ, чормағз хеле фаровонанд ва ҳосили хуб медиҳанд.
Аз ҳайвоноти ваҳшӣ паланг, хирс, гург, шағол, рӯбоҳ, оҳу, суғур, заргӯш, аз парандагон гунҷишк, ғулба, кабки реза, кабки дарӣ (ҳилол), кафтар, боз, ғалевоз, уқоб ва ғайра вомехӯранд.
=== Минтақабандии амудии эко-иқлимӣ ===
Бо сабаби тафовути шадиди баландӣ – аз 1500 метр дар қисматҳои поёнии водӣ то беш аз 6000 метр дар қуллаҳо – иқлими ноҳияи Ванҷ якранг нест, балки аз занҷираи пайдарпайи минтақаҳои эко-иқлимӣ иборат аст, ки ҳар кадоме шароити хоси гармову намнокӣ ва набототу ҳайвоноти мувофиқи худро доранд.
Дар баландии 1500-2000 метр, дар водиҳои Ванҷу Водхуд, иқлим гармтарину мусоидтарин аст; маҳз дар ҳамин минтақа, тавре ки дар боло зикр шуд, дарахтони меваовар – тут, зардолу, себу чормағз – ҳосили фаровон медиҳанд. Аз баландии 2000 то 4000 метр иқлим сардтар мешавад ва набототи дарахтии гармидӯст ҷои худро ба буттаву гиёҳҳои тобовар ба хушкии тобистона медиҳад; маҳз ҳамин минтақа, тибқи таҳқиқоти экологии барномаҳои ҷаҳонии ҳифзи табиати Осиёи Марказӣ, макони зисти намудҳои нодири эндемикӣ – аз ҷумла гиёҳи [*Nepeta badachschanica]* ва шабпараки нодири кӯҳӣ [*Parnassius autocrator]* – маҳсуб мешавад.<ref name="fn39">[https://portals.iucn.org/library/node/48972 World Heritage thematic study for Central Asia] (англ.) // IUCN Portals. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар баландии 4000-5500 метр, дар минтақаи тундраи кӯҳӣ ва марғзорҳои алпӣ, набототи дарахтӣ комилан аз байн меравад ва танҳо гиёҳҳои пастқад, ушна ва сангфаш (лишайник) боқӣ мемонанд; фаунаи ин минтақа – аз ҷумла паланг, хирс, суғур ва кабки дарӣ (ҳилол) – бештар дар фасли тобистон ба ин баландиҳо мебарояд ва бо фарорасии зимистон ба минтақаҳои поёнии гармтар муҳоҷирати амудӣ мекунад.<ref name="fn39" /> Ниҳоят, аз баландии 5500 метр боло, дар минтақаи нивалӣ-лозурӣ, олами яхбандии доимӣ оғоз мешавад, ки ба иқлими қутбҳои Замин монандӣ дорад ва манбаи асосии ғизогирии лозурҳои бузурги ноҳия, аз ҷумла лозури Ванҷях, ба шумор меравад.
=== Хатарҳои гидрометеорологӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ===
Иқлими шадидан қораии ноҳияи Ванҷ, ки бо боришоти пуршиддати баҳорӣ ва хушксолиҳои шадиди тобистона тавсиф мешавад, минтақаро ба яке аз осебпазиртарин ноҳияҳо аз лиҳози хатарҳои гидрометеорологӣ дар тамоми ҳавзаи рӯди Панҷ табдил додааст.<ref name="fn40">Climate Change Vulnerability Assessment Republic of Tajikistan: Building Climate Resilience in the Pyanj River Basin (англ.) // Climate Investment Funds (CIF). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ду омили асосии иқлимӣ сабабгори аксари сел ва обхезиҳо мебошанд. Аввал, вақте ки боришоти шадиди баҳорӣ бо баландшавии ногаҳонии ҳарорат ҳамроҳ мешавад, барфҳои нишебиҳои кӯҳӣ босуръат об шуда, заминро аз ҳад зиёд сернам мекунанд ва ба лағжиши қабатҳои замин ва фаромадани селҳои лойқадор оварда мерасонанд.<ref name="fn36" /> Дуюм, ҳангоме ки ҳарорати нимирӯзии тобистона ба атрофи +30 °C мерасад, суръати обшавии лозурҳо ба ҳадди аксар расида, метавонад боиси обхезиҳои ногаҳонии кӯлҳои лозурӣ гардад,<ref name="fn38" /> падидае, ки, тавре ки дар бахши ''«Лозурҳо ва қуллаҳо»'' зикр гардид, дар мисоли лозури Хирс борҳо ба амал омадааст.
Тибқи арзёбии осебпазирии иқлимӣ, ки дар доираи лоиҳаи минтақавии ''«Ташаккули устувории иқлимӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ»'' анҷом дода шудааст, деҳаҳои ноҳияи Ванҷ, аз ҷумла дар ҷамоатҳои Водхуду Язғулом, дар қатори минтақаҳои дорои хатари миёна ва баланди зарар аз сел ва обхезӣ гурӯҳбандӣ шудаанд.<ref name="fn40" /><ref name="fn41">[https://www.adb.org/projects/45354-002/main 45354-002: Building Climate Resilience in the Pyanj River Basin] (англ.) // Asian Development Bank. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Барои коҳиш додани ин осебпазирӣ, дар доираи лоиҳаҳои байналмилалии мутобиқшавӣ ба иқлим, дар ҳудуди ҷамоати Водхуд корҳои мустаҳкамкунии соҳили рӯди Ванҷоб ва барқарорсозии лӯлаҳои оби полезӣ анҷом дода шудаанд, ки ҳадафи онҳо ҳифзи заминҳои кишоварзӣ аз сел ва кафолати таъминоти об дар давраҳои хушксолии шадид мебошад.<ref name="fn40" /> Ин гуна тадбирҳои инфрасохторӣ, дар якҷоягӣ бо гузариш ба неруи барқи хурди обӣ (ниг. бахши ''«Энергетика»'') ва вобастагии иқтисоди хонаводаҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ (ниг. бахши ''«Муҳоҷирати меҳнатӣ»''), нишондиҳандаи равшани он мебошанд, ки иқлими шадиди кӯҳистонӣ на танҳо омили табиӣ, балки муайянкунандаи асосии тарзи зиндагӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ванҷ боқӣ мемонад.
{| class="wikitable"
|+Ҷадвали 1. Хулосаи нишондиҳандаҳои иқлимии ноҳияи Ванҷ<ref name="fn36" /><ref name="fn32" /><ref name="fn34" /><ref name="fn37" /><ref name="fn38" />
!Нишондиҳанда
!Қимат
!Тавзеҳ
|-
|Ҳарорати миёнаи солона
| +9,9 °C
|Истгоҳи Хумроғӣ
|-
|Ҳарорати миёнаи июл (гармтарин моҳ)
| +23,0...+25,0 °C
|Хумроғӣ / маркази ноҳия
|-
|Ҳарорати миёнаи январ (сардтарин моҳ)
|−4,9...−5,0 °C
|Истгоҳи Хумроғӣ
|-
|Амплитудаи миёнаи солонаи ҳарорат
|27,9 °C
|Нишондиҳандаи иқлими қораӣ
|-
|Максимуми мутлақ (рекорд)
| +36,6 °C
|Июли соли 2013
|-
|Минимуми мутлақ (рекорд)
|−20,5 °C
|Январи соли 2012
|-
|Боришоти солона (Хумроғӣ)
|341 мм
|Ҳавзаи болооби рӯди Ванҷ
|-
|Моҳи сербориштарин
|64 мм
|Март
|-
|Моҳи хушктарин
|1 мм
|Август
|-
|Намнокии нисбии ҳаво дар тобистон
|18-24 %
|–
|}
== Таърих ==
Ванҷ таърихи чандинҳазорсола дорад, ки осори таърихии он то ҳол пойбарҷоянд, аммо касе аз донишмандони таърих ва бостоншиносони тоҷик ба пажӯҳиши ҷиддии ин ганҷинаи таърих домани ҳиммат барназадааст. Сағонаҳо ва дахмаҳои Ванҷ худ далели ошкори таърихи чандҳазорсолаи ин куҳанбуманд. Бо ин ҳама, таърихи навини водӣ дар осори муаррихони тоҷик – мақолаи академик [[Раҳим Масов]] ''«Оид ба таърихи водии Ванҷ»'' ва китобҳои профессор [[Ҳайдаршо Пирумшоев]] – мавриди баррасии махсус қарор гирифтааст.<ref name="fn42">Масов Р. М. К истории Ванчской долины // Мероси ниёгон. --- Душанбе, 1999. --- № 4. --- С. 20--30.</ref><ref name="fn2" />
Сарнавишти таърихии Ванҷ аз дигар мавзеъҳои тоҷикнишини Бухорои Шарқӣ ва ғарби Бадахшон чандон фарқе надошт. Фоҷиаҳое, ки дар ин ё он гардиши таърихӣ, мисли ҳуҷуми муғулҳо, темуриён ва тозиши дигар қабилаҳои кӯчии туркнажод ва хунрезиҳои ваҳшиёна дар давраи парокандагии феодалӣ рух доданд, бар ин сарзамин бетаъсир набуданд. Тоҷиконе, ки зери таъқибу фишори аҷнабиён қарор гирифта буданд, барои ҳифзи ҷони худ ба тагнои ин дараҳои дастнорас, ба каронаҳои рӯдҳои кӯҳӣ паноҳ бурданд ва ба ҷойҳои дурдасте кӯчиданд, ки сокинони маҳаллӣ дар он солиёни дароз бо кӯшишу ранҷи сахт қитъаҳои хурди заминро барои кишт созгор мекарданд.
Далели мустақими мардумшиносии ин падидаи муҳоҷират аз ҷониби шарқшиноси рус А. А. Семёнов, ки соли 1898 дар доираи экспедитсияи расмии граф А. А. Бобринский ба кӯҳҳои Зарафшону [[Қаротегин|Қаротегину]] Дарвоз сафар карда буд, сабт гардидааст:
''«Обитатели долины Ванджа говорили, что ихъ долина заселена недавно, лѣтъ сто тому назадъ, выходцами съ Хингоба. Это переселеніе, замѣтимъ, на Вандж съ Хингоба продолжается, вѣроятно, и до сихъ поръ: намъ здѣсь приходилось встрѣчать много туземцевъ, которые родились въ долинѣ Хингоба и недавно переселились на Ванджъ. Туземцы Дарваза по Пянджу передавали, что ихъ отцы заселили правый берегъ рѣки, когда лѣвый былъ занятъ, и пришли сюда изъ долины Хингоба, туда же переселились съ Ях-Су.»''
Тарҷума: ''«Сокинони водии Ванҷ мегуфтанд, ки водии онҳо на чандон пеш, тахминан сад сол қабл, аз ҷониби муҳоҷирони аз Хингов омада маскун шудааст. Ин муҳоҷират, бояд қайд кард, аз Хингов ба Ванҷ, эҳтимол, то ба имрӯз низ идома дорад: мо дар ин ҷо бисёр сокинонеро вохӯрдем, ки худашон дар водии Хингов таваллуд шуда, ба наздикӣ ба Ванҷ кӯчида буданд. Сокинони бумии Дарвоз дар соҳили Панҷ нақл мекарданд, ки падарони онҳо соҳили рости дарёро – вақте ки соҳили чап аллакай ишғол шуда буд – маскун сохтаанд ва ба ин ҷо аз водии Хингов омада буданд, ки худ пеш аз он аз Ях-Су ба он ҷо кӯчида буд»''.<ref name="fn43">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 20.</ref> Ин маълумоти мардумшиносӣ, ҳарчанд бар асоси ривояти шифоҳии сокинон дар охири асри XIX сабт шуда ва набояд ҳамчун санади мутлақи таърихӣ пазируфта шавад, бо ин ҳама, бо тасвири умумии дар боло овардашуда – ки водиро паноҳгоҳи гурезагони кӯҳистонӣ аз минтақаҳои гуногун меҳисобад – ҳамоҳангии комил дорад. Дар бораи таърихи куҳантари Ванҷ ҳанӯз манбаъи мувассақе ба даст нарасидааст. Аммо аз таҳқиқоти донишмандони руси тоинқилобӣ ва муҳаққиқони аҳди шӯравӣ бармеояд, ки Ванҷ қариб то охири асрҳои миёна истиқлоли худро нигоҳ медошт. Ин назарро донишманди маъруф, мутахассиси таърихи Бухорои Шарқӣ ва Бадахшон Б. Искандаров чунин баён кардааст:<ref name="fn44">Искандаров Б. И. Восточная Бухара и Памир во второй половине XIX в. Ч. 1--2. --- Душанбе, 1962--1963.</ref>
Аз мулкҳои қаламрави Дарвоз сокинони Ванҷ нисбатан мустақилияти воқеъиро соҳиб буданд. Ин ноҳияро кӯҳҳои баланд иҳота мекунанд ва он аз шоҳроҳи пайвандгоҳи мулкҳои кишвар дар канор, дар наздикиҳои доманаи лозури Федченко ҷой дорад. Аз ин ҷиҳат мулки номбурда барои аҷнабиён дастнорас буд. Ба ин нигоҳ накарда, хонҳои Қӯқанд дар охири асри XVIII - ибтидои XIX борҳо барои ғасбу тобеъ намуданаш кӯшиш ба харҷ додаанд, вале ҳама талафоту харҷашон беҳуда анҷом ёфтааст.
Ванҷ дар замони истилои муғулон ва салтанати [[Темуриён]], [[Шайбониён]] ва [[Аштархониён]] ба таври расмӣ ҷузъи қаламрави онҳо шинохта мешуд, аммо амалан мустақил буд. Ин вазъиятро метавон дар замони ташаккули давлатдории Қӯқанд (авохири асри 18 - нимаи якуми асри 19) низ мушоҳида кард. Мувофиқи маълумоти маъхазҳо, Ванҷ то замони эътироф кардани ҳукумати шоҳи Дарвоз Исмоил (1845-1863) истиқлоли худро нигоҳ дошт. Дар замони ҳукмронии шоҳони вопасини Дарвоз (1863-1877) Ванҷ бахше аз қаламрави он ҳисоб меёфт. Баъд аз пайвастани Ванҷ ба Дарвоз иқтидори ҳокимони Дарвоз афзоиши чашмгире дошт, зеро бо ҳамроҳ шудани паҳлавонони ҳузарби ванҷӣ ба сафи лашкари Исмоилшоҳ имконоти ҷангии ӯ бамаротиб афзуд. Дар бораи муносибати мураккаби Ванҷ бо ҳокимони марказии Дарвоз, ки байни итоат ва муқовимат дар навасон буд, шаҳодати арзишманди дигаре аз офицери Штаби Генералии Русия, капитан А. Кузнецов боқӣ мондааст, ки соли 1892 ба таври пажӯҳиши ҳарбӣ аз Дарвоз дидан кардааст. Тибқи гузориши ӯ, гоҳе Шоҳони Дарвоз маҷбур мешуданд бар зидди бекҳои саркаши Ванҷ лашкар бифиристанд:
''«Тѣмъ не менѣе этимъ переваломъ во время оно Дарвозскіе Ша посылали войска съ артиллеріей въ Ванчъ на усмиреніе непокорныхъ бековъ, которые портили по Пянджу дорогу и занимали оборонительно тѣснины этой рѣки.»''
Тарҷума: ''«Бо ин ҳама, тавассути ҳамин ағба буд, ки замоне Шоҳони Дарвоз лашкар бо тӯпхона ба Ванҷ мефиристоданд, барои ба итоат овардани бекҳои саркаше, ки роҳи канори Панҷро вайрон мекарданд ва тангноҳои ин дарёро ба таври мудофиавӣ ишғол менамуданд»''.<ref name="fn45">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 12–13.</ref> Мисоли дигари ин рӯҳияи истиқлолхоҳонаи Ванҷ дар хотираи мардумӣ низ маҳфуз мондааст: тибқи иттилои Кузнецов, тахминан 120 сол пеш аз боздиди ӯ, яъне дар замони Шоҳ Иброҳими Дарвоз, ҳокими Ванҷ — Шабосхон — бо роҳи ағбаи Кашолаях ба Сариқул барои ғорати қирғизҳо лашкар кашида буд:
''«Послѣдній разъ этимъ переваломъ ходилъ управитель Ванча Шабосъ-ханъ въ Сары-Колъ грабить киргизъ. Это было 120 лѣтъ тому назадъ во время Дарвозскаго Ша-Ибрагима.»''
Тарҷума: ''«Бори охирин аз ҳамин ағба ҳокими Ванҷ, Шоҳаббосхон барои ғорати қирғизҳо ба Сариқул гузашта буд. Ин ҳодиса 120 сол пеш, дар замони Шоҳи Дарвоз Иброҳим, рӯй дода буд»''.<ref name="fn46">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 21–22.</ref>
Тибқи ривояти маҳаллӣ, ки муаррихон Р. Масов ва Ҳ. Пирумшоев дар асари бунёдии худ ''«Файзи истиқлол дар "Боми ҷаҳон"»'' сабт кардаанд, дар деҳаи Кулумбаи Боло то ба имрӯз нишонаҳои коркарди тилло боқӣ мондаанд, ки гӯё дар замони истилои муғулон навкарони Чингизхон мардуми маҳаллиро маҷбуран ба ин фаъолият сафарбар карда буданд.<ref name="fn47">Масов Р. М., Пирумшоев Ҳ. Файзи истиқлол дар «Боми ҷаҳон». --- Душанбе: Дониш, 2011. --- 412 с. --- ISBN 978-99947-2-004-0. --- С. 362--363.</ref> Ин ривоят нишон медиҳад, ки ҳарчанд қудратҳои бузург метавонистанд нуфузи худро ба таври муваққатӣ ва барои истихроҷи захираҳо таҳмил кунанд, онҳо ҳеҷ гоҳ натавонистанд назорати пурраи маъмуриро дар ин дараҳои маҳкам барқарор намоянд. Дар замони салтанати Темуриён низ, тибқи маълумоти муаррихи асримиёнагӣ Абдурраззоқи [[Самарқанд|Самарқандӣ]], агарчи минтақа расман дар итоати Темур буд, он аз ҷониби шоҳони маҳаллӣ идора мешуд ва ҳатто дар лашкари Темур ҳангоми муҳосираи Қалъаи Калот (соли 1381 милодӣ) дастаҳое аз сокинони Дарвозу Қаротегин хидмат мекарданд, ки гувоҳи иқтидори ҳарбии ин кӯҳистониён аст.<ref name="fn47" />
Дар охири асри XVIII ва нимаи якуми асри XIX хонҳои Қӯқанд якчанд маротиба кӯшиши тобеъ намудани Ванҷу Дарвозро ба харҷ доданд: дар замони салтанати Умархон (1810-1822) ва Мадалихон лашкаркашиҳои пайдарпай ба самти Қаротегину Дарвоз сурат гирифтанд; чунончи соли 1834 Мадалихон бо сарварии Машариф Атолиқ лашкари бузургеро барои саркӯб кардани шоҳзодагони фирории қӯқандӣ ба ин манотиқ фиристод, ки боиси даргириҳои шадид бо сипоҳиёни маҳаллӣ гардид.<ref name="fn48">Мудабирзода. Диссертатсия // Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш, 2025.</ref> Бо вуҷуди ин талошҳо ва хароҷоти зиёди ҳарбӣ, тавре ки дар боло аз қавли Искандаров зикр гардид, Ванҷ мустақилияти воқеии худро нигоҳ дошт.
Бо таваҷҷуҳ ба ин мавзӯъ, намояндаи расмии идораи Русия дар Туркистон Г. А. Арандаренко чунин қайд намудааст:
Дар давраи Исмоилшоҳ ба дарвозиён фурсат даст дод, ки ҳокимияти худро на танҳо дар Қаротегин ва Шуғнон густариш диҳанд, балки аз [[Кӯлоб|Кӯлобу]] [[Ҳисор]] низ боҷ биситонанд, гарчи дар муддати на чандон тӯлонӣ ҳам бошад.
Тибқи таҳқиқоти навтарин, Исмоилшоҳ дар авҷи иқтидори худ ба ин доираи васеъ ҳатто Рӯшонро низ тобеъ карда буд.<ref name="fn48" /> Вақте ки дар охирҳои солҳои 1860-ум ҳокимони Кӯлобу Ҳисор – Сарахон ва Абдулкаримбий – бо лашкари тахминан 50 ҳазор нафара ба муқобили ӯ бархостанд, Исмоилшоҳ бо дастгирии неруҳои содиқи худ, аз ҷумла паҳлавонони ванҷӣ, ба онҳо муқовимати шадид нишон дод.<ref name="fn48" />
Баъди ба Русия ҳамроҳ кардани Осиёи Миёна, амир Музаффар (1860-1885) бо дастгирии фармондори вилояти Туркистон манотиқи мустақиллу нимамустақилли Бухорои Шарқиро тасарруф кард ва нерӯҳои ҳарбии худро бо сарварии Худойназар (зимистони солҳои 1877-78) ба воситаи ағбаи Работ ба Қалъаи Хумб фиристод. Худойназар Қалъаи Хумбро ишғол кард, сипас ба самти Ванҷ ҳаракат намуд. Дар наздикии деҳаи Кеврон набарди сахте рӯй дод ва аскарони амир тавонистанд лашкари Дарвозро шикаст дода, таъқиби сарбозони боқимондаро идома диҳанд. Дастаи размандагони ихтиёрии Ванҷ ҳаракати сарбозони амирро дар назди Қалъаи Рохарв – маркази Ванҷ боздоштанд. Баъди муҳосираи бенатиҷаи қалъа сарбозони амир ба Қалъаи Хумб баргаштанд. Ванҷ баъди тобеъ шудани шоҳии Дарвоз боз ду сол истиқлоли худро нигоҳ дошт. Дар давраи салтанати сулолаи манғитиён Ванҷ яке аз амлокдориҳои нисбатан бонуфузи бекии Дарвоз ба шумор мерафт.
Амлокдори Ванҷро ''«мир»'' ва ё ''«шоҳ»'' меномиданд, яъне мири Ванҷ ё шоҳи Ванҷ. Вижагии вазифаи мирӣ дар Ванҷ дар ин буд, ки номзадии мири Ванҷро бо машварат ва ройзании шахсиятҳои бонуфузи маҳаллӣ пешбарӣ мекарданд, сипас мири Дарвоз бар ӯ мувофиқат мекард ва аз амири Бухоро таъйиди ниҳойӣ дарёфт мешуд. Ҷамъ намудани андоз ва уҳдадориҳои феодалӣ ба зиммаи мир гузошта шуда буданд.
Муҳимтарин санади таърихӣ, ки сохтори деҳаҳо ва демографияи ин давраро тасдиқ мекунад, ҳуҷҷати барӯйхатгирии саросарии [[Аморати Бухоро]] дар соли 1914 мебошад. Тибқи ин санад, ки 6-уми моҳи рабиъу-с-сонии соли 1332-и ҳиҷрӣ (мутобиқ ба марти соли 1914) аз тарафи беки Дарвоз Абдусатторбек Бийи Додхоҳ бо муҳр тасдиқ шудааст, маркази амлокдории Ванҷ расман дар деҳаи Рохарв (макони Қалъаи Ванҷ) сабт гардидааст.<ref name="fn49">Ванҷ ва Язгулом 112 сол пеш аз ин // Газетаи мардумии СССР. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ин рӯйхати нодир нишон медиҳад, ки аксари мутлақи деҳаҳои имрӯзаи водӣ ҳанӯз сад сол қабл бо ҳамон номҳои таърихии худ вуҷуд доштанд ва қисми узвии сохтори маъмурии амлокдорӣ буданд.<ref name="fn49" />
Сокинони водии Ванҷ [[Инқилоби Октябр|Инқилоби Октябрро]] нисбатан хуб пазируфтанд, вале пас аз муддати кӯтоҳе муборизони маҳаллии муқовимат, аз пайравони Фузайл Махсум ва дигарон, ки бо номи ''«босмачиён»'' маъруфанд, чандин бор бо Артиши Сурх ва давлати шӯравии мустақарр дар Ванҷ даргир шуданд. Дар ин даргириҳо барои дифоъ аз ҳукумати шӯравӣ фидоиёни маҳаллӣ, мисли М. Давлатов, С. Раупов, Т. Шарифов, В. Эҳсонов, У. Меҳралишоев, Ҷ. Сафоев, Қ. Собиров ва дигарон ширкат доштанд.
Тафсилоти иловагӣ дар бораи ҳамин рухдодҳо — аз ҷумла робитаи онҳо бо мудохилаи Британия дар минтақа — дар мақолаи Т. Г. Абаева дар бораи пажӯҳишҳои А. В. Станишевский омадааст:
''«Басмаческий налет весной 1929 г. на Гарм и на Ванчский район Западного Памира был осуществлен под руководством капитана Вуда-Балларда, помощника малакандского политического агента по Читральскому княжеству.»''
Тарҷума: ''«Ҳамлаи босмачиён дар баҳори соли 1929 ба Ғарм ва ба ноҳияи Ванҷи Помири Ғарбӣ таҳти роҳбарии капитан Вуда-Баллард, ёрдамчии агенти сиёсии малаканд оид ба амораи Читрал, амалӣ гардид.»''.<ref name="fn50">Абаева Т. Г. Исследования А. В. Станишевского (Азиза Ниалло) о Памире // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 281.</ref>
Бино бар сарчашмаҳои таърихӣ, дар асрҳои миёна Ванҷ се ниҳиштаи маъдани оҳансанг дошт. Ҳанӯз дар оғози асри XX истихроҷи оҳан, гудохтани он ва оҳангарӣ яке аз пешаҳои асосии мардуми маҳаллии Ванҷ буд, ки бо ин пеша манотиқи муҷовирро бо оҳан ва афзоли хоҷагӣ, асбоби кишоварзӣ, корду шамшер ва дигар аслиҳа таъмин мекарданд.<ref name="fn51">Камалиддинов Ш. С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX --- начала XIII вв. --- Ташкент: Ӯзбекистон, 1996.</ref> Ин касби мардумии ванҷиёнро шарқшиноси маъруф М. С. Андреев ҳанӯз соли 1926 дар рисолаи махсуси худ ''«Истеҳсоли оҳан дар водии Ванҷ»'' муфассал тавсиф кардааст.<ref name="fn52">Андреев М. С. Выработка железа в долине Ванча (верховья Аму-Дарьи). --- Ташкент, 1926.</ref>
Тибқи маълумоти иловагӣ дар бораи ин ҳунари мардумӣ, гудозиши оҳан дар кӯраҳои махсуси заминӣ - чиндонҳо, ки аз сангҳои тарошиданашуда ва гил сохта мешуданд, анҷом мепазируфт; оташро тавассути дамҳои аз пӯсти буз сохташуда меафрӯхтанд ва ҳамчун сӯзишворӣ аз ангишти чӯб ва барои афрӯхтани оташ, буттаи кӯҳии ''«пӯш»''-ро истифода мекарданд.<ref name="fn53">[https://istmat.org/files/uploads/43175/i.e.hodorov_tadzhikistan_v_narodnom_hozyaystve_sssr.pdf Ходоров И. Е. Таджикистан в народном хозяйстве СССР] (рус.) // Исторические материалы (istmat.org). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Як чунин кӯра тавоноӣ дошт, ки дар як шабонарӯз то 240 килограмм маъданро коркард намояд ва раванди пайвастаи гудозиш аз 2 то 5 шабонарӯз идома меёфт;<ref name="fn53" /> маҳз ҳамин технологияи маҳаллӣ ба Ванҷ имкон медод, ки аз воридоти металл аз берун вобаста набошад ва артиши худро бо аслиҳаи сард таъмин карда, худкифоии ҳарбию иқтисодиро кафолат диҳад.
Шаҳодати мустақил ва қадимтарини мустанад дар бораи ин анъанаи оҳангарӣ, ки бисту се сол пеш аз тадқиқоти Андреев сабт шудааст, аз гузориши капитан Кузнецов (соли 1892) бармеояд:
''«Серебро имѣется въ Джумарчскомъ амилякдарствѣ, свинецъ, олово у кишлака Вараунъ, желѣзо по р. оби-Ванчъ, главнымъ образомъ въ окрестностяхъ кишлака Техарви, кишлака Потау и кишлака Вань-Вань. Туземцы берутъ желѣзную руду, лежащую только на верхнихъ слояхъ земли; обжигаютъ ее въ особо-устроенныхъ печахъ, причемъ изъ 2 пудовъ руды получается желѣза полъ-пуда.»''
Тарҷума: ''«Нуқра дар амлокдории Ҷумарҷ мавҷуд аст, сурбу қалъагӣ — дар канори рустои Баравн, оҳан бошад — дар канори дарёи Ванҷ, асосан дар атрофи рустоҳои Техарв, Потов ва Ван-ван. Бумиён маъдани оҳанро, ки танҳо дар қабатҳои болоии замин ҷой дорад, бармедоранд; онро дар кӯраҳои махсус месӯзонанд, ки дар натиҷа аз ду пуд маъдан ним пуд оҳан ба даст меояд»''.<ref name="fn54">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 55–56.</ref> Кузнецов инчунин истихроҷи тиллоро дар ҳавзаи дарёи Ванҷ (дар канори Сағирдашту Язғулом), ки бо усули ибтидоии кӯшмаву ғалбер сурат мегирифт, тасвир кардааст ва аз байни ҳунарҳои дастии амлокдории Ванҷ, махсусан кордсозиро зикр намудааст:
''«Изъ кустарнаго производства обращаетъ на себя вниманіе только выдѣлка ножей въ Ванчскомъ амилякдарствѣ, да повсюду приготовленіе мату для одежды.»''
Тарҷума: ''«Аз ҳунарҳои дастӣ танҳо кордсозӣ дар амлокдории Ванҷ ва — дар ҳама ҷо — тайёр кардани мату барои либос таваҷҷуҳро ҷалб мекунад»''.<ref name="fn55">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 68.</ref>
Ванҷ аз замони [[Сомониён]] то соли 1877 ҳукумате мустақил дошта, фармонравоёни онро шоҳ мехондаанд. Соли 1878 амири Бухоро ба Дарвоз лашкар кашид ва пас аз хиёнати баъзе дарвозиён ба Дарвоз муставлӣ шуд; Дарвозро бекигарӣ ва Қалъаи Хумбро қароргоҳи урдуи манғитиён гардонд. Дарвоз тайи солҳои 1878-1920 яке аз бекигариҳои Бухоро буд ва бек дар Қалъаи Хумб менишаст ва мир хонда мешуд. Бо вуҷуди ин ҳама, Ванҷ зоҳиран дар итоати бекигарӣ буд, вале истиқлоли худро нигаҳ дошт ва пои шуми сипоҳи манғитиён ба Ванҷзамин нарасид.
Тафсилоти иловагӣ дар бораи лаҳзаҳои ниҳоии хонигарии мустақили Дарвоз низ дар ҳамин гузориши Кузнецов сабт шудааст. Тибқи маълумоти ӯ, дар арафаи суқут, аз тамоми қаламрави собиқи хонигарӣ ба охирин Шоҳи Дарвоз — Сераҷетдин — танҳо чанд мулки марказӣ, аз ҷумла худи Ванҷ, боқӣ монда буд:
''«...послѣднему дарвозскому Ша Сераджетдину принадлежали только Кала-и-Хумбъ, Ванчъ, Язулемъ, всѣ амилякдарства лѣваго берега Пянджа съ Хагономъ включительно, Хуллезъ и Вахія.»''
Тарҷума: ''«...ба охирин Шоҳи дарвозӣ Сироҷидин танҳо Қалъаи Хумб, Ванҷ, Язғулом, тамоми амлокдориҳои соҳили чапи Панҷ то Ҳагонро (Деҳагон, Деҳхагон) дар бар гирифта, инчунин Хулоз ва Вахё тааллуқ доштанд»''.<ref name="fn56">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 5.</ref> Ва ҳангоме ки соли 1878 сипоҳи бухороӣ бо сарварии Худойназар-Атолиқ ногаҳон ба Қалъаи Хумб наздик шуд, Сироҷидин-Шоҳ бидуни ҷанг таслим гардид, вале роҳи гурези худро маҳз аз тариқи Ванҷ интихоб намуд:
''«Сераджетдинъ-Ша сдалъ крѣпость безъ бою, а самъ бѣжалъ черезъ Ванчъ въ Кокандъ къ Худаяръ-хану.»''
Тарҷума: ''«Сироҷидин-Шоҳ қалъаро бидуни ҷанг таслим кард, худаш бошад, аз тариқи Ванҷ ба Қӯқанд, назди Худоёрхон гурехт»''.<ref name="fn57">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 6.</ref>
Соли 1895 бекигарии Дарвоз, ки дар ҳар ду канораи рӯди Панҷ қарор дошт, дар паи ҷаҳонгириҳои Русия ва Британия дупора гардид: канораи рост ба аморати Бухоро ва канораи чап ба Афғонистон дода шуд.<ref name="fn58">Постников А. В. Схватка на «Крыше Мира»: политики, разведчики и географы в борьбе за Памир в XIX веке. --- М.: Памятники исторической мысли, 2001. --- 416 с. --- ISBN 5-88451-100-0.</ref>
Ванҷ то соли 1920 амлокдории Қалъаи Ванҷи бекигарии Дарвози аморати Бухоро буд. Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 Ванҷ аз соли 1920 то 1924 чун тумани Ванҷ дар ҳайати вилояти Ғарми [[Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро]] ҷой дошт. Солҳои 1925-1926 Ванҷ чун ҷузъи тумани Қалъаихумби вилояти Ғарми ҶМШС Тоҷикистон ҳисоб меёфт. Солҳои 1926-1930 волости Ванҷ дар ҳайати ВМКБ буд. Солҳои 1930-1933 Ванҷ чун қисми ҳудуди ноҳияи Қалъаихумб бевосита дар тобеъияти ҷумҳурӣ буд.
Тибқи Қарори Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон аз 29 майи соли 1933, №46 расман ноҳияи Ванҷ таъсис ёфта, то соли 1937 дар тобеъияти бевоситаи ҷумҳурӣ қарор дошт. Дар асоси Қарори Президиуми КИМ-и Шӯроҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 августи соли 1937, №43 ноҳияи Ванҷ бо ҳамаи деҳшӯроҳояш: Ванҷ, Водхуд, Рованд, Техарв, Жовуд ва Язғулом расман ба ҳайати ҳудудии ВМКБ гузаронида шуд. Бино бар ин, ноҳияи Ванҷ ҳамчун воҳиди маъмурӣ дар ҳайати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 11 августи соли 1937 ташаккул ёфтааст.
{| class="wikitable"
|+Ҷадвали 2. Таҳаввулоти маъмурию ҳудудии Ванҷ (то соли 1878 – соли 1937)
!Марҳилаи таърихӣ
!Мақоми маъмурию ҳудудӣ
!Тобеияти давлатӣ/минтақавӣ
|-
|То соли 1878
|Мухторияти комил / Иттиҳод бо Дарвоз
|Идоракунии мустақил таҳти сарварии шоҳ
|-
|1878-1920
|Амлокдории Қалъаи Ванҷ
|Бекигарии Дарвоз, Аморати Бухоро
|-
|1920-1924
|Тумани Ванҷ
|Вилояти Ғарми Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро
|-
|1925-1926
|Ҷузъи тумани Қалъаихумб
|Вилояти Ғарми ҶМШС Тоҷикистон
|-
|1926-1930
|Волости Ванҷ
|Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
|-
|1930-1933
|Қисми ноҳияи Қалъаихумб
|Тобеияти бевоситаи ҶШС Тоҷикистон
|-
|29 майи 1933
|Ноҳияи Ванҷ (таъсиси мустақил)
|Тобеияти бевоситаи ҶШС Тоҷикистон
|-
|11 августи 1937
|Ноҳияи Ванҷ бо 6 деҳшӯро
|Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ)
|}
Дар нимаи солҳои 1950-ум сиёсати муҳоҷиркунонии аҳолии кӯҳистон ба водиҳои пахтакор ба Ванҷ низ бетаъсир намонд: соли 1954 сокинони водии Язғулом ба ноҳияи Куйбишеви водии Вахш кӯчонида шуданд. Гармои тоқатфарсо, беморшавии оммавӣ ва фавти зиёди кӯдакон ин муҳоҷиратро барои кӯчидагон фоҷиабор гардонд ва бахши зиёди онҳо тадриҷан ба зодгоҳи худ баргаштанд, ҳарчанд на ҳама; як ҷамоаи язғуломизабон то имрӯз дар водии Вахш боқӣ мондааст.<ref name="fn59">[https://iling-ran.ru/web/ru/scipop/blog/1911_edelman Из полевых записей середины прошлого века. Об экспедициях в язгулямский язык в 1950-х гг.] (рус.) // Сомонаи Пажӯҳишгоҳи забоншиносии Академияи илмҳои Русия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn60">[http://field-ling.moscow/c/language/yazghulami/ Язгулямский язык] (рус.) // Экспедиции Московской школы полевой лингвистики. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn61">Астрономические знания язгулемцев (рус.) // Восток (Oriens). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Осори таърихӣ ==
Дар қаламрави Ванҷ мавзеъ, осор ва ёдгориҳои таърихии бисёр вуҷуд доранд, вале то ҳол таҳқиқоти шоистае дар ин росто анҷом наёфтааст. Тибқи омори соҳаи сайёҳии ВМКБ, дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ ба ҳолати соли 2024 15 ёдгории таърихию фарҳангӣ ба қайд гирифта шудааст.<ref name="fn62" />
Барои дарки мантиқи ҷойгиршавӣ ва моҳияти ин осор, бояд заминаи таърихию сиёсии ташаккули онҳоро дарк намуд. Бино бар маълумоти таърихномаҳои асримиёнагӣ, дар садаҳои VII-VIII қаламрави кунунии Ванҷ ҷузъи вилояти таърихии Кумед буд, ки болооби дарёи Вахшро фаро гирифта, сарзамини имрӯзаи ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ва шимоли Бадахшонро дар бар мегирифт.<ref name="fn63">[[Таърихи Тоҷикистон]] // Википедиа. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Баъдтар, дар асрҳои миёна, Ванҷу Дарвоз як сарзамини воҳидро ташкил дода, бо номи ''«Курон»'' ёд мешуданд, ки маркази он деҳаи кунунии Кеврон будааст.<ref name="fn64">Таърихи шаҳр // Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Маҳз дар ин заминаи қадимии сиёсӣ, ки бо мустақилияти нисбии маҳаллӣ ва хатари доимии ҳуҷумҳои беруна тавсиф мешуд, эҳтиёҷ ба бунёди қалъаҳои мустаҳкам ба миён омад.
Пеш аз тавсифи муфассали Мушкетов, қадимтарин шаҳодати мустанади русиро дар бораи ин қалъа низ капитан Кузнецов дар гузориши соли 1892-и худ сабт кардааст. Ӯ зимни тавсифи амлокдории Ванҷ чунин навиштааст:
''«Ванчское амилякдарство расположено по р. Ванчъ и частью по правому берегу р. Пянджъ. Мѣстопребываніе амилякдара кишлакъ Кала-и-Рохарвъ (на нашихъ картахъ Кала-и-Ванчъ); имѣется небольшая крѣпостца.»''
Тарҷума: ''«Амлокдории Ванҷ дар канори дарёи Ванҷ ва қисман дар соҳили рости дарёи Панҷ ҷойгир аст. Маҳалли иқомати амлокдор рустои Қалъаи Рохарв аст (дар харитаҳои мо — Қалъаи Ванҷ); дар он қалъачаи хурде мавҷуд аст»''.<ref name="fn65">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 79.</ref>
Ин иттилои Кузнецов, ки бисту се сол пеш аз тавсифи муфассали Мушкетов сабт шудааст, собит месозад, ки номи ''«Қалъаи Ванҷ»'' барои Рохарв аллакай дар харитаҳои расмии охири асри XIX ба кор мерафт ва Рохарв аз ҳамон замон ҳамчун маркази маъмурии амлокдории Ванҷ шинохта мешуд.
Қалъаи Ванҷ дар баландии соҳили рости Ванҷоб, дар масофаи 15 км аз резишгоҳи он ба дарёи Панҷ воқеъ гашта буд. Мавқеъияти ин қалъа аз нигоҳи ҳарбию стратегӣ бисёр созгор будааст ва ба муҳофизонаш имкон медодааст, ки муддати тӯлонӣ аз худ дифоъ кунанд. Тавсифи илмии Рохарв ва қалъаи онро ҳанӯз соли 1916 узви Ҷамъияти ҷуғрофии Русия Д. И. Мушкетов интишор додааст.<ref name="fn5" /> Дар мақолаи худ, ки натиҷаи боздиди шахсии ӯст, Мушкетов мавқеи стратегии Рохарвро чунин тавсиф кардааст:
''«Административнымъ центромъ Ванча всегда былъ и есть базарный кишлакъ Рохаръ (или Рохарвъ) въ 40 дворовъ, расположенный на правомъ берегу рѣки, въ двадцати верстахъ выше ея устья, на высотѣ 5.950 футъ, у моста, ведущаго къ перевалу Гушхонъ, запирая собой, слѣдовательно, единственный конный путь на Язгулемъ, Рошанъ и Памиръ. Это важное стратегическое положеніе и было использовано древними правителями Ванча – «Шо», воздвигнувшими здѣсь крѣпость (Кала-и-Ванчъ) и избравшими ее для своей резиденціи.»''
Тарҷума: ''«Маркази маъмурии Ванҷ ҳамеша рустои бозории Рохар (ё Рохарв) буд ва то ҳол ҳамин аст – бо 40 хонавода, дар соҳили рости дарё, дар бисту версти болотар аз резишгоҳи он, дар баландии 5950 қадам, назди пуле, ки ба ағбаи Гушхон мебарад, ва бо ин васила ягона роҳи аспсаворро ба Язғулом, Рӯшон ва Помир мебандад. Маҳз ҳамин мавқеи муҳими стратегӣ буд, ки ҳокимони қадимии Ванҷ – «Шоҳ»-ҳо – истифода бурда, дар ин ҷо қалъа (Қалъаи Ванҷ) бино карданд ва онро барои худ қароргоҳ интихоб намуданд»''.<ref name="fn66">Мушкетов Д. И. Рохаръ (Кала-и-Ванчъ). --- Петроградъ: Типографія М. М. Стасюлевича, 1916. --- (Отдѣльный оттискъ изъ тома LII (1916 г.) Извѣстій Императорскаго Русскаго Географическаго Общества № 876). --- С. 7.</ref> Мушкетов инчунин интихоби маҳалли қалъаро аз нигоҳи амниятӣ шарҳ додааст:
''«Мѣсто выбрано весьма хорошо и удобно, на возвышеніи, съ котораго открытый видъ во всѣ стороны, и долина Ванча, какъ на ладони; рѣка отъ стѣнъ крѣпости въ 3 қулочяхъ, но для обезпеченности водоснабженія имѣлся къ ней подземный ходъ; невдалекѣ, на луговинѣ у рѣки, имѣется прудикъ, наполняемый ключемъ теплой, солоноватой воды, предоставляющій идеальное купанье.»''
Тарҷума: ''«Ҷой хеле хуб ва мувофиқ интихоб шудааст, дар баландие, ки аз он манзараи кушода ҳар тараф дида мешавад ва тамоми водии Ванҷ мисли кафи даст намоён аст; дарё аз деворҳои қалъа дар масофаи 3 қулочӣ ҷой дорад, вале барои таъмини бехатари обтаъминкунӣ роҳи зеризаминӣ ба он вуҷуд дошт; дар наздикӣ, дар марғзори лаби дарё, ҳавзчае ҳаст, ки аз чашмаи оби гарму намакини он пур мешавад ва барои шиноварии беҳамто мувофиқ аст»''.<ref name="fn66" /> Дар бораи сохти худи қалъа Мушкетов навиштааст:
''«Постройка, конечно, глинобитная, но довольно массивная, со стѣнами до 4 қулочей высотой, обнесенными съ трехъ сторонъ рвомъ, съ бойницами и пятью угловыми башнями. Внутреннія перегородки частью деревянныя, равно какъ и колонны, балки и двери, тонкой, старинной рѣзной работы.»''
Тарҷума: ''«Бино, албатта, гилину похсагин, валекин бисёр мустаҳкаму матин аст, бо деворҳои баланди чаҳорқулоча, ки аз се сӯйи он, хандақе бар гирди он кандаанд, бо тиркашҳову бурҷҳои панҷгонаи кунҷӣ. Деворҳои миёнгини дохилӣ, қисман, чӯбинанд, ҳамчунин, сутунҳову болорҳову дарҳои он, ки бо кандакории нафису куҳан оростаанд»''.<ref name="fn66" />
Мушкетов санаи боздиди худ ва оғози кашидани нақшаи қалъаро низ қайд кардааст: ''«Многое уже разрушено (мое посѣщеніе относится къ 11 іюля 1905 г.), но общее расположеніе еще сохранилось и я, пользуясь обстоятельными поясненіями почтеннаго шейха-токсабы Ванча, снялъ планъ всей крѣпости»'' (тарҷума: ''«Бисёр чиз аллакай хароб шудааст (боздиди ман ба 11 июли соли 1905 рост меояд), вале тартиби умумӣ то ҳол нигоҳ дошта шудааст ва ман, бо истифода аз тавзеҳоти муфассали шайх-тӯксабои эҳтиромноки Ванҷ, нақшаи тамоми қалъаро кашидам»'').<ref name="fn66" />
Нақшаи қалъа, ки Мушкетов кашидааст, 27 ҳуҷраву қисми қалъаро бо рақам нишон медиҳад, ки шарҳи онҳо чунин аст:<ref name="fn66" />
Ур - обдорхона
Дарвозахона – ҳуҷраи нигаҳбонону дарбонон
Ҳуҷраи навкарҳо
Бадарравхона – ҳоҷатхона
Долон – ҳавлии аспҳо
Ахтахона – оғилхона, ва болои он анборхонаи алаф
Пештоқ – гузаргоҳи пӯшида
Фаррошхона – ҳуҷраи сайисон
Пештоқи дуюм (баландии 3 қулоч)
Гулгунхона – ҳуҷраи пазириши меҳмонон
Ҳуҷраи худи шоҳ
Қӯрғон – сарбозхона (харобшуда)
Ғуломгардиш – долони мамониаткунандаи дидани занони дар боғ гардандагӣ
Ошхона – ошхона
Роҳрав – долон
Ғуломгард – гузаргоҳ ба қисми занона
Хазина – ҳуҷраи хазинадорӣ
Ҳаммом – ҳаммом
Пештоқи занона
Ҳуҷраи зани шоҳ – тобистона
Ҳуҷраи зани шоҳ – зимистона
Тӯпхона – манора
Рӯйи ҳавлӣ – ҳавлии пӯшида
Ҳарам (харобшуда)
Анборхона (болои ҳуҷраи 16)
Манора – ҳоло ҳуҷраи меҳмонон – меҳмонхона
Оғози роҳи зеризаминӣ ба сӯи дарё
Дар масофаи як версти болотари Рохар, дар канори роҳ, Мушкетов ду гӯри қадимиро низ ба қайд гирифтааст: ''«Въ верстѣ выше Рохара по долинѣ, около дороги, двѣ древнихъ гробницы съ фигурными стѣнами, имѣющими какое-то отношеніе къ крѣпости; интересно, что на могильномъ шестѣ, помимо обычныхъ куска матеріи и конскаго хвоста (на боковой перекладинѣ), сверху помѣщены изображенія сложенной руки (ладони) и голубя»'' (тарҷума: ''«Дар як версти болотар аз Рохар, дар паҳлӯи роҳ, ду гӯри қадимӣ бо деворҳои нақшдор ҳастанд, ки бо қалъа алоқаи муайяне доранд; ҷолиб ин аст, ки бар болои чӯби қабр, ба ғайр аз пораи матоъ ва думи асп (дар чӯби паҳлӯӣ)-и маъмулӣ, тасвири дасти гирдкардашуда (кафи даст) ва кабутар низ гузошта шудааст»'').<ref name="fn66" />
Ба ғайр аз ин, Мушкетов дар поварақи худ ёдовар шудааст, ки ягона роҳи воридшавӣ ба водӣ аз тарафи Панҷ низ бо қалъаи хурди дигаре мустаҳкам карда шуда буд: ''«Этотъ единственный выходъ кромѣ того очень искусно былъ загражденъ небольшой крѣпостцей, остатки которой еще видны на изолированномъ холмѣ въ устьѣ Ванча»'' (тарҷума: ''«Ин ягона баромадгоҳ аст, илова бар ин, хеле моҳирона бо қалъачаи хурде масдуд шуда буд, ки бақоёи он то ҳанӯз дар теппаи ҷудоуфтодаи резишгоҳи Ванҷ ҳувайдоанд»'').<ref name="fn67">Мушкетов Д. И. Рохаръ (Кала-и-Ванчъ). --- Петроградъ, 1916. --- Тавзеҳот, №4.</ref>
Тибқи мушоҳидаи ӯ, қалъа бевосита дар масири корвонрав ба сӯи ағбаи Гишхун қарор дошт, ки тавассути он роҳи корвонӣ ба водии Язғулом ва аз он ҷо ба самти баландкӯҳҳои Помир мерасид.<ref name="fn68">[https://poxod.ru/guidebook/darvaz/p_darvaz_dolinarekivagdm_a.html Долина реки Ванч] // Свободный туризм (poxod.ru). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Пеш аз он ки Мушкетов худ соли 1905 аз қалъа боздид кунад, тавсифи мухтасартаре аз он – тахминан 13 сол пештар – аллакай ба қалами А. А. Семёнов тааллуқ дошт, ки соли 1898 шахсан аз қалъа дидан кардааст:
''«Въ низовьи р. Ванджа лежитъ самый значительный кишлакъ долины, Кал'аи-Ванджъ, или Кал'аи-Рохарвъ (крѣпость Ванджа, крѣпость Рохарвъ). Укрѣпленіе въ немъ до сихъ поръ на обрывистомъ берегу довольно хорошо сохранилось. Стѣны крѣпости–мѣстами глинобитныя, мѣстами сложены изъ кирпичей и камней. По бокамъ лицевой стороны крѣпости–двѣ полуразрушенныхъ зубчатыхъ башни.»''
Тарҷума: ''«Дар поёноби рӯди Ванҷ бузургтарин рустои водӣ ҷойгир аст – Қалъаи Ванҷ, ё Қалъаи Рохарв (қалъаи Ванҷ, қалъаи Рохарв). Истеҳкоми он то ба имрӯз дар соҳили баланди дарё нисбатан хуб нигоҳ дошта шудааст. Деворҳои қалъа ҷо-ҷо аз гил, ҷо-ҷо аз хишти пухтаву санг сохта шудаанд. Аз ду тарафи рӯи қалъа ду манораи нимвайрони дандонадор қарор доранд»''.<ref name="fn69">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 8.</ref> Муҳимтар аз ҳама, Семёнов санаи тахминии бунёди қалъа ва номи бинокори онро сабт кардааст – маълумоте, ки то кунун дар ягон манбаи дигари дастраси мақола наомадааст:
''«Крѣпость, по преданію, была построена лѣтъ двѣсти тому назадъ дарвазскимъ ханомъ, Азиз-Ханомъ, и, вѣроятно, не разъ служила хорошую службу ея защитникамъ во времена независимаго Дарваза. Теперь въ ней живетъ амлякдаръ (начальникъ округа) долины Вандж.»''
Тарҷума: ''«Қалъа, тибқи ривоят, тахминан дусад сол пеш аз ҷониби хони дарвозӣ – Азиз-Хон – бино ёфтааст ва эҳтимол, борҳо ба муҳофизони худ дар давраи истиқлолияти Дарвоз хидмати шоиста кардааст. Ҳоло дар он амлокдор (сарвари ноҳия, яъне шоҳ)-и водии Ванҷ зиндагӣ мекунад»''.<ref name="fn70">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 8--9.</ref> Азбаски китоб соли 1903 нашр шуда ва мушоҳидаи муаллиф соли 1898 сурат гирифтааст, ин ривоят санаи бунёди қалъаро тахминан ба солҳои 1698-1700 рабт медиҳад.
Семёнов инчунин ду навиштаи девории қалъаро айнан нусхабардорӣ кардааст: як байти форсӣ дар бораи гардиши бераҳмонаи рӯзгор, ва як ёдгории русии сайёҳони соли 1896 – ''«Прибылъ разъѣздъ 25 числа августа за старшаго общивкй Яковъ. Черновъ. и джигить Николай Каплун и перевочикъ Ашурбай. 1896 года»'' (тарҷума: ''«Гурӯҳи саворагон 25 августи соли 1896 омаданд: сардор Яков Чернов, ҷигит Николай Каплун ва тарҷумон Ашурбой»'').<ref name="fn70" />
Гумон меравад, ки дар тамоми ҳавзаҳои Бадахшон сукунати одамон ба як давраи таърихӣ мансуб будааст. Ёдгориҳои манзилӣ ва меъмориву мудофеавии асримиёнагии ғарби Бадахшон, ки дар деҳаи Баравни ҷамоати деҳоти Водхуд воқеанд ва аз ҷиҳати амнияти ҳарбӣ бисёр муносибу побарҷоянд, бо камоли таассуф, то кунун таҳқиқи шоиста нашудаанд.
Нақшу нигораҳои рӯйи харсангҳои водии Язғулом, ки дар деҳаҳои Жамаг, Андарбоғ ва Мотравн ба даст омадаанд, агарчи ҳанӯз комилан омӯхта нашудаанд, гувоҳи муътамаде аз ҳузури мардум ва сукунати онон аз замонҳои бостонӣ дар ин минтақа ҳастанд. Дар байни ин сангнигораҳо, ки ба навъи умумии петроглифҳои Помиру Бадахшон шабоҳат доранд, тасвири нахчир (бузи кӯҳӣ бо шохҳои калон), саҳнаҳои шикор бо камон, рамзҳои офтобӣ ва изи дасту пойи инсон бештар вомехӯранд; дар мифологияи мардумони эронитабор бузи кӯҳӣ рамзи покиву ҳосилхезӣ ва иртибот бо олами боло дониста мешавад.<ref name="fn62" />
Дар қаламрави Ванҷ, ба монанди дигар минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон, сағонаҳо ва дахмаҳои сангии куҳан низ аз насл ба насл боқӣ мондаанд, ки далели ошкори таърихи чандҳазорсолаи ин сарзамин мебошанд. Чунин иншооти дафнӣ, ки дар ҷойҳои махсуси сангӣ, дар баландиҳо ё ғорҳо бунёд меёфтанд, эҳтимолан боқимондаи анъанаҳои дафнии пешазисломӣ мебошанд; тибқи баъзе оинҳои қадими маҳаллӣ (аз ҷумла эътиқодоти наздик ба дини зардуштӣ), ҷасади фавтида набояд бо унсурҳои муқаддаси табиат – хок, об ё оташ – тамос мегирифт.<ref name="fn62" /> Ҳарчанд имрӯз тамоми аҳолии ноҳия мусулмони суннии ҳанафимазҳабанд ва расму оини дафни исломиро ба таври қатъӣ риоя мекунанд, мавҷудияти ин сағонаву дахмаҳо аз як давраи гузариши тӯлонии фарҳангӣ ва қабатҳои гуногуни динию эътиқодӣ дар минтақа хабар медиҳад.
Ёдгориҳои бостонии Помири Ғарбӣ, аз ҷумла мавзеъҳои қаламрави Ванҷ, дар силсилаи бунёдии ''«Харитаи бостоншиносии Тоҷикистон»'' – муҷаллади марбут ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки бостоншинос М. А. Бубнова таълиф намудааст ва ёдгориҳои давраи сангро то садаи XX фаро мегирад, – ба қайд гирифта шудаанд.<ref name="fn71">Бубнова М. А. Горно-Бадахшанская автономная область. Западный Памир (памятники каменного века --- XX в.). --- Душанбе, 2008. --- (Археологическая карта Таджикистана).</ref>
Илова бар ёдгориҳои меъморӣ ва дафнӣ, мероси беназири саноатии Ванҷ – боқимондаҳои кӯраҳои қадимии оҳангудозӣ (домнитсаҳо) – низ бахши муҳими осори таърихии ноҳия ба шумор мераванд. Тибқи маълумоти иқтисоддон И. Е. Ходоров, ки соли 1929 таҳлилҳои М. С. Андреевро дар бораи ин ҳунар тасдиқ ва иқтибос овардааст, дар боварҳои мардумии ванҷиён металли ҳосили ин кӯраҳо на танҳо арзиши истеҳсолӣ, балки хосияти шифобахш низ дошт: маҳсули онро ''«барои табобати ҳар гуна бемориҳо пешбинӣ карда, ба ҷойи дардманд мегузоштанд»''.<ref name="fn53" /> Ин боварҳо нишон медиҳанд, ки осори саноатии Ванҷ бо мероси ғайримоддӣ ва эътиқодоти мардумӣ пайванди зич доштааст, ва имрӯз боқимондаҳои ин кӯраҳо, харобаҳои коргоҳҳо ва партовҳои маъданӣ (шлакҳо) дар дараҳои Ванҷ метавонанд ҳамчун мавзеи нодири ''«бостоншиносии саноатӣ»'' мавриди пажӯҳиши минбаъда қарор гиранд.
Сарчашмаи аввалини сабти илмии ин ҳунар – 23 сол пеш аз рисолаи Андреев (1926) – низ ба Семёнов тааллуқ дорад:
''«Богатыя залежи желѣзной руды въ верховьяхъ р. Ванджа даютъ горцамъ Ванджской долины неисчерпаемый матеріалъ для различнаго рода желѣзныхъ издѣлій, которыя удовлетворяютъ самымъ разнообразнымъ требованіямъ домашняго обихода горныхъ таджиковъ и потому расходятся изъ этой огромной кузницы, какова долина Ванджа, по всему Дарвазу, Каратегину и Язгуляну, проникая даже въ отдаленные и трудно достижимые уголки Рошана, Шугнана и Вахана.»''
Тарҷума: ''«Захираҳои фаровони маъдани оҳан дар болооби рӯди Ванҷ ба кӯҳистониёни водии Ванҷ маводи беохири намудҳои гуногуни маснуъоти оҳанӣ медиҳанд, ки эҳтиёҷоти гуногуни рӯзгори тоҷикони кӯҳӣ қонеъ мегардонанд ва аз ин кӯрахонаи азим, яъне водии Ванҷ, ба тамоми Дарвозу Қаротегину Язғулом паҳн мешаванд, ҳатто ба гӯшаҳои дурдасту дастнораси Рӯшону Шуғнону Вахон низ ворид мегарданд»''.<ref name="fn72" />
Семёнов инчунин номи мушаххаси деҳаеро сабт кардааст, ки дар он раванди коркарди оҳанро шахсан мушоҳида намудааст: ''«Самый способъ добыванія желѣза намъ пришлось наблюдать во кишлакѣ Сытаргъ, на Ванджѣ»'' (тарҷума: ''«Худи усули истихроҷи оҳанро мо тавонистем дар рустои Старғ, дар Ванҷ, мушоҳида кунем»'').<ref name="fn72" /> Ӯ ҳамчунин тавсифи мубодилаи тиҷоратии маснуоти оҳании Ванҷро бо минтақаҳои ҳамсоя овардааст: ''«Эти издѣлія находять большой сбыть на рынкахъ Кал'аи-Хума и въ сосѣднихъ долинахъ: Язгуляна и Оби-Хингоу, причемъ продажа на деньги совершается очень рѣдко; обыкновенно вещи мѣняются на тѣ, которыя необходимы таджикамъ Ванджа»'' (тарҷума: ''«Ин маснуъот дар бозорҳои Қалъаи Хум ва водиҳои ҳамсоя – Язғулому Оби Хингов – фурӯши хубе меёбанд, вале фурӯш ба пул хеле кам сурат мегирад; одатан молҳо ба он чизҳое иваз мешаванд, ки барои тоҷикони Ванҷ зарур аст»'').<ref name="fn73">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 64.</ref>
== Мардум ==
Аксарияти аҳолии ноҳия тоҷиконанд; инчунин теъдоди ангуштшумори русҳо ва намояндагони халқҳои дигар низ зиндагӣ мекунанд. Аҳолии ноҳия аз рӯи диёнат мусулмони суннии ҳанафимазҳабанд.<ref name="fn1" />
Мардумшиноси рус Л. Ф. Моногарова дар пажӯҳиши бунёдии худ доир ба таркиби қавмии ВМКБ, дар бораи гузаштаи қавмии ванҷиён чунин навиштааст:
''«В прошлом из припамирских народностей наиболее тесно соприкасались с горными таджиками ванчцы (правильнее ванджи), коренное население долины р. Ванч (Вандж), входившей в Бухарский эмират. Духовенство эмирата проводило насильственное обращение в суннизм всех, исповедовавших другую религию. Под влиянием суннитской идеологии у ванчцев изменились общественные и семейные взаимоотношения, моральные нормы, бытовой уклад в целом. Постепенное экономическое и культурное сближение ванчцев с таджиками привело к утрате ванчцами своего родного языка, замене его таджикским (ванчским или ванджским говором таджикского языка), а в конечном итоге к слиянию ванчцев с таджиками. Население остальных районов республики считает ванчцев таджиками. «Судя по некоторым признакам, „ванджский язык“, входя в северную подгруппу памирских языков, наиболее тесно примыкал к язгулемскому языку» [32, 131].»''
Тарҷума: ''«Дар гузашта, аз миёни халқиятҳои помирӣ, ванҷиён (дурусттараш — ванҷӣ), аҳолии бумии водии дарёи Ванҷ (Вандж), ки ҷузъи аморати Бухоро буд, бештар аз ҳама бо тоҷикони кӯҳистонӣ дар тамос буданд. Рӯҳониёни аморат нисбат ба ҳамаи пайравони дигар эътиқодҳо табдили ҷабрии мазҳаби суннӣ мегузарониданд. Таҳти таъсири мазҳаби суннӣ дар байни ванҷиён муносибатҳои ҷамъиятиву оилавӣ, меъёрҳои ахлоқӣ ва тарзи зиндагӣ дар маҷмуъ тағйир ёфтанд. Наздикшавии тадриҷии иқтисодиву фарҳангии ванҷиён бо тоҷикон боиси аз даст рафтани забони модарии ванҷиён гардид: он бо забони тоҷикӣ (гӯиши ванҷии забони тоҷикӣ) иваз шуд ва дар ниҳоят ба омезиши ванҷиён бо тоҷикон анҷомид. Аҳолии дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ ванҷиёнро тоҷик мешуморанд. «Бино бар баъзе аломатҳо, „забони ванҷӣ“, ки ба зершохаи шимолии забонҳои помирӣ дохил мешуд, аз ҳама наздиктар ба забони язғуломӣ буд» [32, 131].»''.<ref name="fn74">Моногарова Л. Ф. Этнический состав и этнические процессы в Горно-Бадахшанской автономной области Таджикской ССР // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 185–186.</ref>
Дар бораи мазорҳои муқаддаси эҳтиромшавандаи Ванҷ дар охири асри XIX, капитан Кузнецов чунин сабт кардааст:
''«Населеніе Дарвоза не отличается особой набожностью и имѣетъ весьма малое число молитвенныхъ домовъ–мечетей, по за то въ Дарвозѣ есть нѣсколько могилъ святыхъ, весьма почитаемыхъ жителями. Наибольшимъ почитаніемъ отличаются могилы: Хазретъ-и-Бурхъ на р. оби-Мазаръ, Пой-Мазаръ-Хазретъ-Садыръ-Сеибъ въ верховьяхъ р. Ванчъ и Ходжа-и-Миратбашъ-Султанъ-Сеидъ на сѣверномъ склонѣ Дарвозскихъ горъ, противъ кишлака Кальпъ.»''
Тарҷума: ''«Аҳолии Дарвоз бо диндории хосае фарқ намекунад ва шумораи хонаҳои ибодат — масҷидҳо — дар он хеле кам аст, вале дар ивазаш, дар Дарвоз якчанд мазори авлиё ҳаст, ки сокинон онҳоро сахт эҳтиром мекунанд. Бештарин эҳтиромро мазорҳои зерин доранд: Ҳазрати Бурх дар канори дарёи оби-Мазор, дар Пойи Мазор - ҳазрати Садр-соҳиб дар болооби дарёи Ванҷ ва Хоҷаи Муродбошӣ Султонсаъид дар нишеби шимолии кӯҳҳои Дарвоз, рӯ ба рӯи рустои Калп»''.<ref name="fn75">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 65.</ref>
Бар асоси омори саршумории саросарии [[Иттиҳоди Шӯравӣ]] аз соли 1939, аҳолии Ванҷ 9218 нафар буд: 9031 нафарашон ванҷиёни бумӣ, 134 нафар – рус, 6 нафар – тотор, 5 нафар – узбак ва 1 нафар – қазоқ.<ref name="fn76">Всесоюзная перепись населения 1939 года. Национальный состав населения районов, городов и крупных сёл союзных республик СССР: Ванчский район (рус.) // Демоскоп Weekly. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Бино ба омори соли 1979 аҳолии Ванҷ 15 855 нафар ва тибқи омори 1992 – 22 700 нафарро ташкил медод. Тибқи маълумоти расмӣ, соли 2009 дар ноҳия 30 700 нафар зиндагӣ мекард ва тамоми аҳолии он деҳотист.<ref name="fn3" /> Тибқи омори соли 2024 аҳолии Ванҷ ба 35 400 нафар расид. Бар асоси муқоисаи ин ду омор метавон чунин натиҷагирӣ кард, ки тайи 85 сол суръати миёнаи афзоиши солонаи аҳолии Ванҷ тақрибан 1,6 % будааст. Мардуми водии Язғулом ҳиссаи назарраси аҳолии ноҳияро ташкил медиҳанд.
Азбаски беш аз 90 дарсади масоҳати умумии ноҳия (4430,5 км²)-ро лозурҳо, қуллаҳои баландкӯҳ ва нишебиҳои санглохи корношоям фаро мегиранд, зичии расмии аҳолӣ (тақрибан 7,7-8 нафар дар як километри мураббаъ) манзараи воқеии ҷойгиршавии аҳолиро пурра инъикос намекунад – амалан тамоми сокинон дар як рахи танги қад-қади дарёҳои Ванҷобу Язғулом мутамарказ шудаанд.<ref name="fn3" /> Ин номутаносибии шадид миёни рушди табиии аҳолӣ ва маҳдудияти мутлақи заминҳои корам (соли 2012 ҳамагӣ 1381 гектар, баъдан бо азхудкунии заминҳои нав ба 2601 гектар расида)<ref name="fn3" /> яке аз сабабҳои асосии муҳоҷирати меҳнатии ноҳия маҳсуб мешавад (ниг. бахши ''«Муҳоҷирати меҳнатӣ»'').
{| class="wikitable"
|+Ҷадвали 3. Динамикаи шумораи аҳолӣ (ҳазор нафар), 1939-2013
!сол
!1939
!1979
!1992
!1995
!2000
!2002
!2003
!2004
!2005
!2006
!2007
!2008
!2009
!2011
!2012
!2013
|-
|шумора
|9,2
|15,9
|22,7
|28,4<ref name="fn47" />
|28,5<ref name="fn47" />
|28,3<ref name="fn47" />
|29,9<ref name="fn47" />
|30,1<ref name="fn47" />
|28,8<ref name="fn47" />
|30,3<ref name="fn47" />
|33,4<ref name="fn47" />
|29,7<ref name="fn47" />
|30,7<ref name="fn3" />
|30,8
|31,1
|31,3
|}
{| class="wikitable"
|+Ҷадвали 4. Динамикаи шумораи аҳолӣ (ҳазор нафар), 2014-2024
!сол
!2014
!2015
!2016
!2017
!2018
!2019
!2020
!2021
!2022
!2023
!2024
|-
|шумора
|31,7
|31,9
|32,4
|32,9
|33,6<ref name="fn77">Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2019 года. Сообщение Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан (рус.).</ref>
|34,1<ref name="fn77" />
|34,4<ref name="fn78">Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2020 года (рус.) // Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
|34,1
|34,4
|35,1
|35,4
|}
Барои солҳои 1995-2008 омори мазкур (арзиши ''«умумӣ»'', яъне аҳолии доимии сабтшуда) бар асоси таҳлили муфассали демографии Р. Масов ва Ҳ. Пирумшоев дар ''«Файзи истиқлол дар "Боми ҷаҳон"»'' (Душанбе, 2011, саҳ. 362-363) илова карда шуд. Барои солҳои 1992 ва 2009 бошад, бо мақсади нигоҳ доштани пайдарпаии рақамҳои аллакай сабтшуда аз сомонаи расмии badakhshon.tj, арзиши аслии қаблӣ боқӣ монд.
=== Фарҳанги моддӣ: либоси анъанавӣ ===
Дар шароити сарди кӯҳистони Ванҷу Бадахшон, дар гузашта истифодаи матоъҳои пашмину чармӣ бартарӣ дошт ва мероси бофандагии маҳаллӣ ба истеҳсоли матоъҳои худӣ бо рангҳои табиии гиёҳии кӯҳӣ асос меёфт.<ref name="fn79">Таҳқиқоти этнолингвистии лексикаи гӯйиши тоҷикони водии Ғорон // Диссертатсия. Санҷида шуд 24 июли 2026.</ref> Либоси занонаи суннатӣ асосан аз курта, эзор, пойафзол, сарбанд ва ороишоти гуногун иборат буд; таърихан ду намуди курта маъмул буд – куртаи якқади камартангу доманвасеъ, ки пиразанон мепӯшиданд, ва куртаҳои камзулчадор бо гиребони буғак (уфуқӣ буридашуда бо зеҳгулу гулдӯзӣ), ки духтарону арӯсон ба бар мекарданд.<ref name="fn80">[[Либоси миллии тоҷикон]] // Википедиа. Санҷида шуд 24 июли 2026.</ref> Дар минтақаи Бадахшон, аз ҷумла Ванҷу Язғулом, унсурҳои хоси либоси кӯҳистонӣ – тоқии мудаввар бо нақшҳои гулдӯзии дақику пӯпак ва ҷӯробҳои ғафси пашмин бо нақшҳои ҳандасии бисёрранг (нақши офтоб, шохи қӯчқор, чалипо ва ғайра) – то имрӯз аҳамияти худро гум накардаанд.<ref name="fn80" />
=== Фарҳанги моддӣ: манзил ва хоҷагии деҳот (тибқи маълумоти асри XIX) ===
Тавсифи қадимтарини хусусиятҳои хоси манзилу хоҷагии Ванҷ ба А. А. Семёнов (1898) тааллуқ дорад. Ӯ анборчаҳои хоси болои сутунро ба қайд гирифтааст: ''«На Ванджѣ и мѣстами по Пянджу встрѣчаются подъ хижинъ еще небольшіе, съ плоскими крышами, амбарчики (амбаръ) для хлѣба и разнаго скарба... они воткнуты надъ землею на четырехъ (подъ углами) камняхъ или столбахъ»'' (тарҷума: ''«Дар Ванҷ ва ҷо-ҷо дар Панҷ, наздики хонаҳо анборчаҳои хурди боми ҳамвор (амбор) барои нону дигар молу ашё вомехӯранд... онҳо болои замин, бар чор санг ё сутуни чоркунҷа гузошта шудаанд»'').<ref name="fn81">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 34.</ref>
Дар бораи нақшу нигори деворҳои хонаҳои Ванҷ низ маълумот овардааст: ''«По Сурхобу и Хингобу, Ванджу и Пянджу на стѣнахъ многихъ хижинъ попадаются и орнаменты въ видѣ пятенъ, различныхъ безпорядочныхъ линій или же въ видѣ дѣтски намалеванныхъ фантастическихъ деревьевъ»'' (тарҷума: ''«Дар канори Сурхобу Хингов, Ванҷу Панҷ дар деворҳои бисёр хонаҳо нақшу нигор ба шакли доғ, хатҳои бетартиби гуногун ё дарахтони хаёлии кӯдакона кашидашуда вомехӯранд»'').<ref name="fn82" />
Хонаи тобистонаи хоси Ванҷ (''«чолёб»'') низ дар ин асар қайд шудааст: ''«По Ванджу и отчасти на Пянджу, кромѣ описанныхъ зимнихъ помѣщеній, встрѣчаются еще спеціальныя лѣтнія жилища (чолѣбъ), чего нѣтъ нигдѣ въ прочихъ мѣстахъ»'' (тарҷума: ''«Дар Ванҷ ва қисман дар Панҷ, ба ғайр аз хонаҳои зимистонаи тавсифшуда, боз хонаҳои махсуси тобистона (чолёб) вомехӯранд, ки дар ҷойҳои дигар вуҷуд надоранд»'').<ref name="fn83">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 44.</ref>
Ниҳоят, Семёнов камбизоатии заминҳои Ванҷ ва такягоҳи мардум ба дарахти туг (мевадиҳандаи табиъӣ)-ро тавсиф кардааст: ''«Мѣстами, какъ, напримѣръ, на Вахіо, на Ванджѣ и въ Дарвазъ по Пянджу, гдѣ природа бѣдна и преобладаетъ каменистая почва... существованіе населенія находится въ тѣсной зависимости отъ тута»'' (тарҷума: ''«Дар баъзе ҷойҳо, масалан дар Ваҳё, дар Ванҷ ва дар Дарвози канори Панҷ, ки табиат камбизоату хоки санглох бартарӣ дорад... мавҷудияти аҳолӣ ба тут вобастагии зич дорад»'').<ref name="fn84">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 56.</ref>
Дар ҳамин китоб, ду намунаи фолклори мардуми Ванҷ низ бори аввал сабт гардидаанд: масали ''«Инсон ва Мор»'' ва ҳикояи ''«Писари вазир»'', ки ҳарду аз забони як шахси мушаххас – Соҳибназар аз деҳаи Техарви болооби Ванҷ – навишта шудаанд: ''«Записано со словъ Сохиб-Назара, изъ кишлака Техарвъ, въ верховьяхъ р. Ванджа въ Дарвазѣ»'' (тарҷума: ''«Аз забони Соҳибназар, аз рустои Техарв, аз болооби рӯди Ванҷ дар Дарвоз, сабт шудааст»'').<ref name="fn85">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 99--100.</ref>
=== Расму оинҳои мотамӣ ===
Маросимҳои марбут ба давраҳои муҳими зиндагии инсон, аз ҷумла маросими мотаму дафн, дар Ванҷу Язғулом хусусиятҳои бениҳоят куҳан ва омехта аз эътиқодоти пешазисломию исломӣ (синкретӣ) то ба имрӯз нигоҳ доштаанд; ин расмҳо аз ҷониби мардумшиносони барҷаста, аз ҷумла М. С. Андреев, И. Л. Моногарова ва А. З. Розенфелд, мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд.<ref name="fn86">Расму оин ва анъанаҳо дар рӯзгори мардуми тоҷик мавқеи муҳим доранд // АМИТ «Ховар», сентябри 2017. Санҷида шуд 24 июли 2026.</ref> Дар ҷаҳонбинии мардуми кӯҳистон марг на анҷоми мутлақ, балки гузариш ба дунёи дигар ва оғози сафари нави рӯҳ дониста мешавад. Аз ҷумла, агар марҳум ҷавон бошад, барои гусели ӯ тобути махсусе бо матоъҳои равшану рангоранг (на сиёҳ) омода мекунанд, ки бо номи ''«гаҳвораи ноз»'' маъруф аст – ташбеҳи мустақими марг бо таваллуди дубора дар олами дигар, ки Розенфелд онро расми хеле куҳан ва боқимонда аз тасаввуроти бостонии мардуми ориёӣ арзёбӣ кардааст.<ref name="fn86" />
=== Айлоқравӣ ва расму оинҳои кишоварзӣ ===
Иқтисодиёти суннатии мардуми Ванҷ ба ду унсури ба ҳам вобаста – кишоварзӣ дар водиҳои танги поёнӣ ва чорводорӣ дар чарогоҳҳои баландкӯҳӣ – такя мекунад. Ҳар сол дар аввали тобистон, вақте ки заминҳои поёнӣ барои кишти ғалла, картошка ва сабзавот истифода мешаванд, раванди муҳоҷирати мавсимии подаи чорво ба чарогоҳҳои тобистонаи баландкӯҳ, ки бо номи ''«айлоқ»'' маъруф аст, оғоз мегардад.<ref name="fn86" /> Хусусияти ҷолиби ин кӯчиш дар он аст, ки қариб тамоми аҳли деҳа, бахусус занону кӯдакон, дар як рӯзи муайяншуда дастаҷамъӣ ба айлоқ мераванд, дар ҳоле ки қисме аз мардон дар деҳа мемонанд, то корҳои саҳроӣ ва обёрии заминро анҷом диҳанд.
Дар айлоқҳо занон тамоми тобистон машғули ҷӯшидани шир, тайёр кардани маска, равғани зард, дӯғу мосту тарфу ва қурут мешаванд.<ref name="fn86" />
== Забон ==
Мардуми Ванҷ бо гӯиши ванҷии забони тоҷикӣ сухан мегӯянд. Дар водии Язғулом бошад, яке аз забонҳои помирӣ – забони язғуломӣ роиҷ аст.
Лаҳҷаи ванҷии забони тоҷикӣ дар водии Ванҷ аз нимаи дуюми асри XIX густариш ёфта, забони бумии помириро, ки бо номи ванҷӣ маъруф буд, дар поёни ҳамин аср аз байн бурд. Забони ванҷӣ наздиктарин хеши забони язғуломӣ буда, ба гурӯҳи ''«шимолии»'' забонҳои помирӣ дар қатори язғуломӣ ва (эҳтимолан) саргуломӣ дохил мешуд. Мутахассисон аз байн рафтани онро ба охири асри XIX нисбат медиҳанд; мардумшиносон дар ибтидои асри XX аз ин забон танҳо чанд даҳ вожаро сабт карда тавонистаанд.<ref name="fn87">Памирские языки (рус.) // Лингвистический энциклопедический словарь. --- М.: Советская энциклопедия, 1990.</ref><ref name="fn88">[https://old.bigenc.ru/linguistics/text/2701306 Памирские языки] (рус.) // Большая российская энциклопедия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Лаҳҷаҳои ванҷии забони тоҷикӣ мавзӯи таҳқиқи бунёдии эроншиноси рус А. З. Розенфелд гардидаанд, ки соли 1964 дар [[Ленинград]] монографияи махсуси ''«Ванджские говоры таджикского языка»''-ро дар ҳаҷми 151 саҳифа ба табъ расонидааст.<ref name="fn89">Розенфельд А. З. Ванджские говоры таджикского языка / ЛГУ им. А. А. Жданова. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- 151 с.</ref> Дар гуфтугӯи мардуми Ванҷ ҷӯйборҳои лозурӣ, ки деҳаҳо дар канораи онҳо бино ёфтаанд, ''«даргов»'' номида мешаванд; ба ақидаи Ҳ. Пирумшоев, ин вожа гунаи тағйирёфтаи ибораи ''«даргоҳи об»'' аст.<ref name="fn2" /> Аммо дуруст он аст, ки аслаш дарагоб/дараоб (обе ки аз дара меояд) аст, зеро дар форсии миёна "дара" "дараг" навишта ва талаффуз мешудааст. Тибқи фарзияи дигари забоншиносӣ, метавон решаи вожаи ''«дарғов»''-ро бо калимаи осетинии ''«dærg»'' (''«дароз»'') пайванд дод, яъне маънои аслии он ''«оби дароз»'' бошад.<ref name="fn164">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §50--52.</ref>
Тибқи таснифи Розенфелд, гӯишҳои ванҷӣ ҷузъи таркибии гӯишҳои дарвозӣ буда, якҷоя бо онҳо ба гурӯҳи васеътари гӯишҳои ҷанубу шарқии забони тоҷикӣ дохил мешаванд.<ref name="fn1562">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §59.</ref> Хусусияти муҳимтарини гӯишҳои дарвозиву-ванҷӣ – ҷобаҷогузории зарраи ''«ме-»''-и замони ҳозира-оянда аз аввали феъл ба охири он (миёни асос ва флексия) мебошад, ки дар ҳамаи гӯишҳои ин гурӯҳ, ба ғайр аз гӯиши болои Ванҷ, мушоҳида мешавад.<ref name="fn1572">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §60, §61.</ref> Аз миёни гӯишҳои дарвозӣ, ба гӯиши ванҷӣ аз ҳама наздиктар гӯиши ягидӣ (алалхусус ба зерлаҳҷаи водхудии поёни Ванҷ) ва гӯиши миёнаи дарвозиву-ваҳиёӣ (ба лаҳҷаи миёнаи Ванҷ) мебошанд.<ref name="fn158">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §62.</ref>
=== Лаҳҷаҳои дохилии гӯиши ванҷӣ ===
Розенфелд дар дохили гӯиши ванҷӣ се лаҳҷаи асосиро фарқ мекунад: лаҳҷаи поёни Ванҷ, лаҳҷаи миёнаи Ванҷ (ки онро боз лаҳҷаи ваҳиёиву-ванҷӣ низ меноманд) ва лаҳҷаи болои Ванҷ.<ref name="fn1512">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §54.</ref>
Лаҳҷаи поёни Ванҷ дар деҳаҳои соҳили рости дарёи Ванҷ (аз резишгоҳ ба боло) – Вискроғ, Бичхарвак, Рохарв (маркази ноҳия), Бовид ва Одешт – ва дар соҳили чап – Дашти Роғ, Лангар, Гишхун ва Ғумаяк, инчунин дар деҳаҳои ҷамоати Водхуд роиҷ аст; аксарияти сокинони поёни Ванҷ ва Водхуд муҳоҷиронанд, ки бештарашон аз Дарвоз ва қисман аз болои Ванҷ ба ин ҷо кӯчидаанд.<ref name="fn1522">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §55, саҳ. 12.</ref> Дар дохили ин лаҳҷа ду зерлаҳҷа – водхудӣ ва гишхунӣ – фарқ карда мешаванд; барои зерлаҳҷаи водхудӣ лабиалишавии қавии садоноки ''«о»'', мавҷудияти зарфи ''«fru/fre»'' ба маънои ''«поён»'' ва истифодаи шакли дуюми замони ҳозира-ояндаи феъл дар шахсҳои якум ва саввуми танҳо бо флексияи ''«-a»'' (масалан, ''«gama»'', ''«ravama»'' ба ҷои шакли маъмули дарвозиву-ванҷии ''«game»'', ''«rave»'') хос аст.<ref name="fn1532">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §56, саҳ. 12.</ref>
Лаҳҷаи миёнаи Ванҷ (ваҳиёиву-ванҷӣ) аз деҳаи Бунай то деҳаҳои Доршир (дар соҳили рост) ва Гуҷовас (дар соҳили чап), то деҳаи болотарини водӣ – Поймазор – паҳн аст. Сокинони ин минтақаро ''«ваҳиёчиён»'' меноманд, зеро аксарашон муҳоҷироне мебошанд, ки аз водии Ваҳиёи Боло ба ин ҷо кӯчидаанд. Барои ин лаҳҷа мавҷудияти ҳамсадоҳои болофаринголии ''«ҳ»'' ва ''«айн»'', истифодаи пасванди ''«-ak»'' дар шахси саввуми танҳои замони гузашта (''«umadastak»'' – ''«ӯ омад»''), калимаи ''«oča»'' ба маънои ''«модар»'' (ба ҷои ''«muma»''-и роиҷ дар дигар лаҳҷаҳои ванҷӣ) ва номи ''«ruzan»'' барои равзанаи дуд хос аст; ин лаҳҷа аз рӯи аломатҳои зикршуда ба лаҳҷаи ваҳиёиву-дарвозӣ наздик мешавад.<ref name="fn1542">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §57, саҳ. 12.</ref>
Лаҳҷаи болои Ванҷ аз деҳаи Доршир то сарчашмаҳои дарёи Ванҷ – дар деҳаҳои Сетарғ, Мурғутга, Ван-Вани Боло ва Поён (соҳили рост) ва Гуҷовас, Гумаст, Рованд, Гармчашма, Сунгад (соҳили чап) – паҳн аст. Сокинони ин минтақа худро ''«ванҷиҳо»'' ё ''«ванҷиёни туптӣ»'' (яъне бумӣ) меноманд ва маҳз дар ҳамин лаҳҷа лексикаи бештар архаистӣ, аз ҷумла боқимондаҳои алоҳидаи забони куҳани ванҷӣ, то имрӯз нигоҳ дошта шудааст.<ref name="fn1552">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §58, саҳ. 12--13.</ref> Хусусияти муҳимтарини лаҳҷаи болои Ванҷ дар он аст, ки зарраи ''«ме-»'' дар аввали шакли феълӣ боқӣ мемонад ва ба охири он нагузашта; маҳз бо ҳамин аломат, ин лаҳҷа аз ҳамаи дигар гӯишҳои дарвозиву-ванҷӣ фарқ мекунад.<ref name="fn1572" />
Аз лиҳози овоӣ (фонетикӣ), гӯишҳои ванҷӣ бо паҳншавии васеи фонемаи ''«ə»'' (ки ба садонокҳои кӯтоҳи забони адабӣ рост меояд) ва мулоимшавии садоноки ''«ӯ»'' тавсиф мешаванд.<ref name="fn159">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §1--3, саҳ. 5--6.</ref> Далели дигари куҳансолии ин гӯишҳо паҳншавии васеи фонемаи ''«ж»'' аст, ки дар забони адабии тоҷикӣ танҳо дар се-чор калима боқӣ мондааст, ҳол он ки дар гӯишҳои ванҷӣ гурӯҳи назарраси калимаҳо бо ин ҳамсадо сабт шудаанд (масалан, ''«жеғ»'' – якрав, ''«жовидан»'' – ҷавидан).<ref name="fn160">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §15, саҳ. 6--7.</ref> Афтодани ҳамсадои ''«д»'' дар миёни калима, ки хоси гӯишҳои дарвозиву-ванҷист, ба сохти флексияи феълӣ низ таъсир расонидааст: дар замони гузашта шахси саввуми танҳо флексияи ''«-и»''-ро мегирад (масалан, ''«babori»'' – ''«борид»''), шахси саввуми ҷамъ бошад – флексияи ''«-ин»''.<ref name="fn161">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §11.</ref>
Дар морфология, ҷамъбандии исм тавассути пасвандҳои ''«-о»'' (умумӣ), ''«-ун»'' (барои исмҳои ҷондор) ва ''«-гала»'' (барои гурӯҳи одамон) сурат мегирад.<ref name="fn1622">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §17.</ref>
Лексикаи гӯишҳои ванҷӣ, нисбат ба гӯишҳои дарвозӣ низ, дараҷаи баландтари архаизмро нишон медиҳад: дар он калимаҳое нигоҳ дошта шудаанд, ки дар забонҳои адабии тоҷикӣ ва форсӣ дигар истифода намешаванд, вале дар ашъори Фирдавсӣ ё дар фарҳангҳои қадимӣ сабт гардидаанд (масалан, ''«кӯп»'' ба маънои ''«санг»'', ''«харсанг»'').<ref name="fn163">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §48.</ref> Илова бар қабати калони калимаҳои помирӣ, дар гӯишҳои ванҷӣ гурӯҳи калимаҳое низ ба назар мерасанд, ки бо забони яғнобӣ ва ҳатто бо забони бостонии осетинӣ (аз шохаи шимолии забонҳои эронӣ) муштараканд.<ref name="fn164" /> Дар ''«Феҳристи калимаҳои куҳани ванҷӣ»'', ки ҳамчун замима ба монография пайваст шудааст, Розенфелд бар пояи таҳлили лексикӣ ва фонетикӣ ба хулосае мерасад, ки забони куҳани ванҷӣ ба гурӯҳи шуғнонию рӯшонии забонҳои помирӣ тааллуқ доштааст.<ref name="fn165">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- Замимаи «Феҳристи калимаҳои куҳани ванҷӣ».</ref>
Бархе донишмандони рус, монанди И. И. Зарубин, А. З. Розенфелд ва дигарон, назарияеро дар бораи вуҷуди куҳанзабони ванҷӣ (русӣ: старованджский язык) ироя кардаанд, ки тибқи он ин забон тақрибан дусад сол пеш аз байн рафта, гӯиши кунунии ванҷӣ ҷойгузинаш шудааст. И. И. Зарубин дар ин маврид мегӯяд:
"Забони куҳнаи ванҷӣ дар водии Ванҷ (шохоби рости Панҷ) ва саргуломӣ дар болооби дарёи Саргулом, дар шарқи вилояти Файзободи Афғонистон ривоҷ дошт. Тақрибан дусад сол пеш лаҳҷаҳои тоҷикӣ ҷои онҳоро гирифтанд".
Забоншинос Т. Н. Пахалина дар баррасии муқоисавии забонҳои помирӣ, забони ванҷиро дар силсилаи забонҳои помирӣ чунин ҷой додааст:
''«Ванджский язык, известный в настоящее время по небольшому количеству слов, зафиксированных в 1924 г. И. И. Зарубиным [6], а позднее — А. З. Розенфельд [28; 29] (в прошлом был распространен в долине Ванджа — правого притока Пянджа).»''
Тарҷума: ''«Забони ванҷӣ, ки имрӯз танҳо бо шумораи ками вожаҳо маълум аст ва соли 1924 аз ҷониби И. И. Зарубин ва баъдтар аз ҷониби А. З. Розенфелд сабт шудааст (дар гузашта дар водии Ванҷ — шохоби рости Панҷ — роиҷ буд).»''.<ref name="fn90">Пахалина Т. Н. Сравнительный обзор памирских языков // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 222.</ref>
Шаҳодати дигаре дар бораи фарҷоми ин забон дар мақолаи Т. Г. Абаева дар бораи пажӯҳишҳои А. В. Станишевский омадааст:
''«Укором в адрес лингвистов звучало сообщение о том, что в долине Ванча недавно умерли последние старики, владевшие ванчским языком.»''
Тарҷума: ''«Хабаре барои забоншиносон ҳамчун сарзаниш садо дод ва он ҳам дар бораи он, ки дар водии Ванҷ, ба наздикӣ пиронсолони охироне, ки забони куҳнаванҷиро медонистанд, аз дунё гузаштанд.»''.<ref name="fn91">Абаева Т. Г. Исследования А. В. Станишевского (Азиза Ниалло) о Памире // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 290.</ref>
Забони язғуломӣ, ки дар шаш деҳаи ҷамоати Язғулом ба кор меравад, забони бехат аст ва шумораи гӯяндагонаш тақрибан 3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад; аксари язғуломиён дузабонаанд ва забони тоҷикиро низ медонанд.<ref name="fn92" /><ref name="fn93">[https://old.bigenc.ru/linguistics/text/4924529 Язгулямский язык] (рус.) // Большая российская энциклопедия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Таҳқиқи бунёдии ин забон ба қалами эроншиноси маъруф Д. И. Эделман тааллуқ дорад, ки соли 1966 дар [[Маскав]] монографияи ''«Забони язғуломӣ»''-ро ба табъ расонидааст.<ref name="fn94">Эдельман Д. И. Язгулямский язык. --- М.: Наука, 1966.</ref> Пас аз муҳоҷирати соли 1954 бахше аз язғуломизабонон дар ноҳияи Куйбишеви водии Вахш низ сокин шуданд ва забони язғуломӣ то кунун дар он ҷо низ ба кор меравад.<ref name="fn60" />
Дар ''«Атласи забонҳои дар хатар қарордоштаи ҷаҳон»''-и ЮНЕСКО (таҳти таҳрири Кристофер Мозли, соли 2010), забони язғуломӣ ба зумраи забонҳои осебпазир (Vulnerable) дохил гардидааст.<ref name="fn95">Moseley Chr. (ed.) Atlas of the World\\\'s Languages in Danger. --- 3rd ed. --- Paris: UNESCO Publishing, 2010.</ref> Тибқи ҳамин Атлас, аз 15 забони дар хатар қарордоштаи Осиёи Марказӣ, 11-тояш дар Тоҷикистон, бештараш дар ҳудуди ВМКБ, роиҷ аст.<ref name="fn96">[https://old.asiaplustj.info/en/news/tajikistan/society/20170629/unesco-publishes-atlas-of-the-worlds-languages-in-danger UNESCO publishes atlas of the world\\\'s languages in danger] (англ.) // Тоҷикистон Ньюз Азия-Плюс, 29 июни 2017. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Пажӯҳиши ҷомеашиносии забонии Д. Пол, Э. Аббесс, К. Мюллер, К. Тиссен ва Г. Тиссен нишон медиҳад, ки муносибати сокинони водии Язғулом ба ҳарду забон – язғуломӣ ва тоҷикӣ – мусбат аст: забони модарӣ дар зиндагии рӯзмарра пурқувват боқӣ монда, ҳеҷ нишонае аз ҷойивазкунии он бо забони тоҷикӣ мушоҳида намешавад, ҳарчанд забони тоҷикиро низ дар баъзе ҳавзаҳо муфид медонанд.<ref name="fn97">Paul D., Abbess E., Müller K., Tiessen C., Tiessen G. Language Access and Tajik Language Proficiency among the Yazghulami of Tajikistan. --- SIL International, 2010.</ref> Дар пойгоҳи байналмилалии таснифи забонҳо ''«Глоттолог»'' забони куҳани ванҷӣ бо рамзи ''«oldw1238»'' ва забони язғуломӣ бо рамзи ''«yazg1240»'' сабт шудаанд.<ref name="fn98">Glottolog 5.0, коди «oldw1238» (забони куҳани ванҷӣ) ва «yazg1240» (забони язғуломӣ).</ref>
== Бахшбандӣ ==
Бар асоси Қонуни тақсимоти маъмурию ҳудудии кишвар, ноҳияи Ванҷ аз 1 шаҳрак (Ванҷ) ва 6 ҷамоат иборат аст:<ref name="fn99">Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. --- Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013. --- 332 с.</ref>
{| class="wikitable"
|+Ҷадвали 5. Ҷамоатҳои ноҳияи Ванҷ
!Ҷамоат
!Аҳолӣ (нафар)
!Деҳаҳо
|-
|ба номи Маҳмадулло Абдуллоев
|10 983
|Бичхарв, Бодалд, Ускроғ, Роғ, Дашти Роғ, Панҷшанбеобод, Убари Даргов, Рохарв, Гушхун, Ғумаяк, Бовуд, Одешт, Ҷангали Зуго
|-
|Водхуд
|2178
|Пшихарв, Даштак, Лугад, Бунига, Узбай, Лахш, Баравн, Баравни Таг, Баравни Тор, Ваҳдат, Вравз
|-
|Ҷовидон
|4201
|Бунай, Рав, Жовуд, Потов, Арнавад, Убго
|-
|Рованд
|5573
|Ширговад, Ғиҷоваст, Мудеҳарв, Вишхарвак, Старғ, Ғӯмас, Мурғутга, Рованд, Гармчашма, Ван-Ван, Сунгад, Поймазор
|-
|Техарв
|3401
|Гич, Садвадг, Сед, Шаврӯ, Техарв, Чихох, Удоб, Равгада
|-
|Язғулом
|6065
|Мотравн, Вишхарв, Будун, Шавуд, Андарбоғ, Жамаг
|}
Дар санадҳои расмии солҳои охир ҷамоати марказии ноҳия бо номи ''«деҳоти Маҳмадулло Абдуллоев»'' зикр мегардад.<ref name="fn4" />
Барои муқоиса, тибқи гузориши капитан Кузнецов, дар соли 1892 бекигарии Дарвоз (ки Ванҷ ҷузъи он буд) ба 11 амлокдорӣ тақсим мешуд:
''«Въ административномъ отношеніи Дарвозское бекство дѣлится на 11 амилякдарствъ: Чиль-Даринское, Тавиль-Даринское, Сагри-Даштское, Кала-и-Хумбское, Шикайское, Куфское, Хагонское, Май-Майское, Джумарчское, Ванчское, Вахія-болё и два особыхъ отдѣла–Язгулемскій и Тангъ-Шивскій.»''
Тарҷума: ''«Аз ҷиҳати маъмурӣ, бекигарии Дарвоз ба 11 амлокдорӣ тақсим мешавад: Чилдарин, Тавилдарин, Сағридашт, Қалъаи Хумб, Шикай, Куф, Ҳагон (Деҳхагон), Моймай, Ҷумарҷ, Ванҷ, Вахиёи Боло ва ду шӯъбаи алоҳида — Язғулом ва Тангшив»''.<ref name="fn100">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 68.</ref>
Аз ин тақсимот бармеояд, ки Ванҷ дар соли 1892 аллакай ҳамчун амлокдории алоҳида, ва Язғулом ҳамчун шӯъбаи ниммустақилу ба таври алоҳида идорашаванда фарқ карда мешуданд — падидае, ки то андозае бо бахшбандии имрӯзаи ноҳия, ки дар он Язғулом ҷамоати алоҳида аст, монандӣ дорад.
Тақрибан ҳаштод сол пас аз гузориши Кузнецов, забоншинос Д. И. Эделман, бар пояи маводи саҳроии худ ва пажӯҳиши А. З. Розенфелд, рӯйхати муфассали рустоҳои Ванҷро чунин овардааст:
''«Население Ванджа ныне говорит по-таджикски, хотя сравнительно недавно здесь еще бытовал ванджский язык, принадлежавший к памирской группе языков. Названия кишлаков по течению Пянджа: Даштак, Узбай, Лахш, Варавз, Лангарак, Бараун, Водхуд; по Ванджу: Бич-харвак, Рог, Лангар, Гишхун, Рохарв (официально Ванч), Гумаяк, Одешт, Бунай, Потоу, Жовид, Чихох, Сед, Техарв, Гуджовас, Ширговат, Доршир, Гумаст, Сетарг, Рованд, Мургытга, Сунгад, Ван-Ван, Поймазор.»''
Тарҷума: ''«Аҳолии Ванҷ имрӯз бо забони тоҷикӣ гуфтугӯ мекунад, ҳарчанд то ба ҳамин наздикӣ, дар ин ҷо, ҳанӯз, забони куҳнванҷӣ роиҷ буд, ки ба гурӯҳи забонҳои помирӣ тааллуқ дошт. Номҳои рустоҳо дар масири Панҷ: Даштак, Взбай, Лахш, Вароваз, Лангарак, Баравн, Водхуд; дар масири Ванҷ: Бичхарвак, Роғ, Лангар, Гишхун, Рохарв (расман Ванҷ), Ғумаяк, Одешт, Бунай, Потов, Жовид, Чхох, Сед, Техарв, Ғҷовас, Шрговад, Дуршер, Ғӯмас, Старғ, Рованд, Мурғтга, Смгад, Ван-Ван, Поймазор.»''.<ref name="fn101">Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 50.</ref>
== Хоҷагидорӣ ==
Соҳаҳои асосии хоҷагидории ноҳия ғаллакорӣ, чорводорӣ, боғдорӣ ва сабзавоткорист; дар замони шӯравӣ тамокукорӣ низ соҳаи асосӣ буд. Соли 1939 дар тамоми ВМКБ 123 колхоз мавҷуд буд, аз ҷумла дар Ванҷ 30 колхоз таъсис дода буданд.
Водии Водхуд аз қадим бо ҳосилхезии замин ва фаровонии тути худ ном баровардааст: захираи ғалла ва меваи хушки ин мавзеъ (тут, зардолу, себ) на танҳо сокинони маҳаллӣ, балки деҳоти камзамини ҳамсояро низ аз танқисӣ мераҳонд ва ибораи мардумии ''«тути Водхуд пухт, имсол ҳам ҷон ба саломат бурдем»'' аз ҳамин воқеият бармеояд.<ref name="fn2" />
Дар ноҳия 53 хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд аст. Майдони умумии заминҳои хоҷагӣ 14 417 гектар аст, аз ҷумла заминҳои корам – 1381 гектар (2012), чарогоҳҳо – 1219 гектар, боғҳо – 734 гектар. Тибқи омори соли 2012 дар ноҳияи Ванҷ 2478 тонна ғалла, 1924 тонна гӯшт, 1 млн дона тухм, 3742 тонна шир, 157 тонна чормағз, 6353 тонна сабзавот ва 11 295 тонна картошка ба даст омад. Бар асоси омори соли 2011, шумораи чорво дар хоҷагиҳо чунин буд: гов – 15 234 сар, гӯсфанду буз – 32 498 сар.
Дар давоми даҳсолаи охир сохтори хоҷагидории ноҳия ба таври куллӣ дигаргун шуд: ба ҷои 53 хоҷагии деҳқонии соли 2012, имрӯз 14 ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ 120 хоҷагии инфиродиро бо фарогирии 3217 саҳмдор муттаҳид месозад.<ref name="fn102">Ванҷ. Рушди соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Майдони умумии заминҳои корам ба 2601 гектар расидааст, ки аз он бештар аз 1080 гектарро боғҳои мевадиҳанда ташкил медиҳанд; танҳо дар бист соли охир 282 гектар замини нав аз худ карда шудааст.<ref name="fn103">[https://khovar.tj/2025/11/dar-no-iyai-van-so-ai-bo-parvar-rushd-meyobad/ Дар ноҳияи Ванҷ соҳаи боғпарварӣ рушд меёбад] // АМИТ «Ховар», 18 ноябри 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Тибқи таҳлилҳои муқоисавӣ, дар зарфи се даҳсолаи охир истеҳсоли ғалладонагиҳо тақрибан 6 баробар, картошка 8 баробар, сабзавот 16 баробар ва мева 42 баробар афзудааст.<ref name="fn104">Ванҷ. Ҷашни истиқлол мондагор хоҳад буд // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Танҳо то охири моҳи октябри соли 2025 аз боғоти ноҳия 2205 тонна меваи тару тозаву хушк ба бозорҳои хориҷӣ ва шаҳрҳои калони ҷумҳурӣ содирот гардид,<ref name="fn103" /> ва моҳи августи соли 2023 кишоварзони ноҳия дар ярмаркаи Боғи ''«Куруши Кабир»''-и Душанбе зиёда аз 13 тонна маҳсулоти тару тоза ба сокинони пойтахт пешниҳод карданд.<ref name="fn105">Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби кишоварзони ноҳияи Ванҷ // АМИТ «Ховар», августи 2023. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Аз соли 2009, вақте ки дар ноҳия аввалин ду гармхонаи намунавӣ ба кор дароварда шуданд,<ref name="fn106">Дар Ванҷ гармхонаҳо ба кор даромаданд // АМИТ «Ховар», августи 2009. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> технологияи гармхонагӣ дар қисматҳои поёнии ноҳия паҳн шудааст. Дар давраи охир, дар ҳамкорӣ бо мутахассисони минтақаи илмӣ-таҷрибавии ''«Ҷангали Зуго»''-и Институти биологии Помир, соҳибкор Ҳайдар Фаёзов аз деҳаи Гишхун дар ноҳия парвариши озмоишии лимӯ ва дигар меваҳои ситрусиро оғоз кард – навъе, ки то ҳол дар ВМКБ танҳо хоси баъзе минтақаҳои ноҳияи Дарвоз буд.<ref name="fn107">Ванҷ. Авлавият ба рушди лимӯпарварӣ // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Чорводорӣ ва занбӯриасалпарварӣ ===
Дар муқоиса бо давраи пеш аз истиқлол, дар ноҳия саршумори чорвои калону майда дар маҷмуъ 2 баробар, истеҳсоли гӯшт 4 баробар ва истеҳсоли тухм 31 баробар афзудааст.<ref name="fn104" /> Тибқи омори соли 2023, саршумори чорвои калони шохдор ба 17 135 сар (нисбат ба 15 234 сар дар соли 2011) ва моли майда (гӯсфанду буз) ба 41 000 сар (нисбат ба 32 498 сар) расидааст; ҳамчунин дар хоҷагиҳои ноҳия 41 350 сари парранда ва 1082 оилаи занбӯри асал ба қайд гирифта шудааст.<ref name="fn104" /><ref name="fn102" /> Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди занбӯриасалпарвариро яке аз воситаҳои пасткунандаи камбизоатӣ ва таъминкунандаи шуғли деҳот муайян кардааст.
Сарватҳои зеризаминии ноҳия: пахтасанги кӯҳӣ (асбест), молибден, мармар ва ғайра; инчунин конҳои никел, оҳансанг ва оҳак мавҷуданд.
=== Муҳоҷирати меҳнатӣ ===
Мисли аксари минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон, иқтисодиёти хонаводаҳои Ванҷ ба таври назаррас аз муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳаволапулиҳо вобаста аст. Тибқи арзёбии [[Бонки Ҷаҳонӣ]] аз моҳи ноябри соли 2025, ҳаволапулиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ беш аз 30 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд ва, гарчанде вобастагӣ ба ин маблағҳо сатҳи камбизоатиро коҳиш додааст, нобаробарии даромад (нишондиҳандаи Гини) аз 32 то 38 дар байни солҳои 2021 ва 2023 афзудааст; ВМКБ дар қатори минтақаҳое зикр шудааст, ки бо маҳдудиятҳои шадиди ҷуғрофиву иқлимӣ рӯбарӯянд.<ref name="fn108">[https://www.worldbank.org/en/country/tajikistan/publication/poverty-and-equity-assessment Tajikistan Poverty and Equity Assessment] (англ.) // Бонки Ҷаҳонӣ, 22 сентябри 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Пажӯҳиши умумимиллии соҳаи тандурустӣ доир ба муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон нишон додааст, ки дар байни панҷ минтақаи кишвар (Душанбе, ВМКБ, Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ), ҳиссаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар аҳолии ВМКБ (49,59 фоиз аз намунаи пажӯҳишӣ) назар ба дигар минтақаҳо (камтар аз 32 фоиз) хеле баландтар будааст.<ref name="fn109">[https://pmc.ncbi.nlm.nih.gov/articles/PMC11679146/ Inclusion of Labor Migrants as a Potential Key Population for HIV: A Nationwide Study from Tajikistan] (англ.) // PMC/NCBI. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар маҷмуи умумимиллӣ, беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон ҳарсола барои кор ба Русия мераванд; ҳаволапулиҳо дар соли 2013 қариб нисфи маҷмуи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медоданд, ки то соли 2018 ба тақрибан 30 фоиз (2,2 миллиард доллари ИМА) коҳиш ёфт.<ref name="fn110">[https://www.migrationpolicy.org/article/dependent-remittances-tajikistan-prospects-dim-economic-growth Dependent on Remittances, Tajikistan\\\'s Long-Term Prospects for Economic Growth and Poverty Reduction Remain Dim] (англ.) // Migration Policy Institute. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Саноат ===
Дар ноҳия корхонаҳои хурди саноатӣ – сехи чӯҷабарорӣ, заводи хишти ''«Лугад»'', ҶДММ ''«Хрустал»'' – фаъолият доранд. Дар Ванҷ бозорҳои марказӣ ва марзӣ низ амал мекунанд.
25 июни соли 2025 дар ноҳия корхонаи истеҳсоли калсит, коркарди мармар ва сангҳои ороишии ҶСК ''«Мармар Стоун»'' ба кор шурӯъ кард, ки иқтидори солонаи он 40 ҳазор тонна маҳсулот буда, 40 сокини маҳаллиро бо ҷои кори доимӣ таъмин намудааст. Корхона чор хатти истеҳсолӣ дорад ва дар он беш аз 20 навъи санги табиӣ коркард мешавад; иқтидори истеҳсоли тахтасангҳои ороишӣ (мозаика) 10 ҳазор м³ ва коркарди санги мармар 160 ҳазор м³ дар як солро ташкил медиҳад.<ref name="fn111">[https://asiaplustj.info/tj/node/350189 Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ аз Ванҷ оғоз шуд. Президент дар ин ноҳия кадом иншоотро ба истифода дод?] // Asia-Plus, 25 июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn112">Ифтитоҳи корхонаҳои истеҳсоли калсит, коркарди мармар ва сангҳои ороишии ҶСК «Мармар Стоун» дар ноҳияи Ванҷ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
Дар ҳамон рӯз Парки саноатии ноҳия мавриди истифода қарор гирифт, ки дар масоҳати 788 м² ҷойгир буда, 6 корхонаи хурди истеҳсолиро фаро мегирад: истеҳсоли макарон, бандубасти маҳсулоти лӯбиёгӣ, коркарди равғани чормағз, коркард ва бандубасти меваи хушк, истеҳсоли собун ва дару тирезаҳои пластикӣ. Фаъолияти парк дар маҷмуъ 36 сокини маҳаллиро бо кор таъмин мекунад.<ref name="fn111" /><ref name="fn113">Ифтитоҳи Парки саноатии ноҳияи Ванҷ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
Дар доираи ҳамин парк, инчунин корхонаи коркарди равғани ангат (Hippophae rhamnoides) – растании шифобахши худрӯй, ки дар қад-қади дарёҳои ноҳия фаровон мерӯяд – ба кор шурӯъ кардааст; иқтидори он то 500 килограмм равғани холис дар як сол буда, аз ин ашё то 12 навъи маҳсулоти фармасевтию косметологӣ омода карда мешавад.<ref name="fn114">Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ // Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ, июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Пеш аз таъсиси ин корхона, дар деҳаи Ғуҷоваст соҳибкорзан Васила Ғафурова коргоҳи хурди коркарди ангатро таъсис дода буд, ки маводи он берун аз ноҳия низ харидор пайдо кардааст.<ref name="fn111" /> Барои дастгирии соҳибкории хурду миёна дар солҳои 2018-2019 ба соҳибкорони ноҳия зиёда аз 6,5 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шудааст.<ref name="fn115">Сафарҳои дохилӣ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Энергетика ===
Дар Ванҷ чандин неругоҳи хурди барқи обӣ (НБО) фаъолият мекунад. Аз ҷумла, НБО-и ''«Техарв»'' дар дарёи Ванҷ бо иқтидори 400 кВт таҷдид гардида, ба шабакаи ягонаи барқи кишвар пайваст карда шудааст; НБО-и ''«Андарбак»'' дар водии Язғулом ба шабакаи ширкати ''«Помир Энерҷӣ»'' пайваст аст.<ref name="fn116">[http://www.cawater-info.net/best-practices/ru/base/marker/21 Реконструкция МГЭС Техарв на реке Ванч мощностью 400 кВт в Ванчском районе Горно-Бадахшанской автономной области] (рус.) // CAWater-Info. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Таҳлилҳои соли 2021 нишон дода буданд, ки шабакаҳои барқии ноҳия ҳамагӣ 2,6 мегаватт барқ истеҳсол мекунанд, дар ҳоле ки барои фаъолияти пуриқтидори корхонаҳои нави саноати кӯҳӣ (ба мисли ''«Мармар Стоун»'') беш аз 5,6 мегаватт лозим буд.<ref name="fn117">Имсол дар Ванҷ дар 15 гектар боғи нав бунёд карда шуд // АМИТ «Ховар», июли 2021. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Моҳи июни соли 2025 хатти интиқоли барқи дузанҷираи 35 ва 110-киловолтаи Хоруғ-Рӯшон бо дарозии 67,5 км ва зеристгоҳи ''«Ҷангал»'' ба маблағи умумии 114 миллион сомонӣ ба истифода дода шуд, ки интиқоли муназзами неруи барқро ба ноҳияҳои Рӯшон, Ванҷ ва Дарвоз ба маротиб беҳтар мегардонад; ҳамзамон сохтмони хатти 42-километраи интиқоли барқи 110-киловолта аз маркази ноҳияи Рӯшон то зеристгоҳи ''«Вознавд»'' оғоз ёфт, ки ба истифода додани он дар нимсолаи аввали соли 2026 пешбинӣ шудааст.<ref name="fn118">[https://khovar.tj/2025/06/suhanronii-prezidenti-um-urii-to-ikiston-peshvoi-millat-emomal-ra-mon-dar-mulo-ot-bo-ro-baron-va-faoloni-viloyati-muhtori-k-istoni-badahshon/ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон] // АМИТ «Ховар», июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Нақлиёт ===
Нақлиёти ноҳия асосан автомобилист; як фурудгоҳи хурд ҳам дар шаҳраки Ванҷ (Рохарв) вуҷуд дорад. Қаламрави ғарбии ноҳия дар масири шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Мурғоб-Қулма қарор дорад; лоиҳаи таъмиру таҷдиди қитъаи ин шоҳроҳ аз Қалъаихумб то Ванҷ ва сарҳади ноҳияи Рӯшон арзиши умумии 2,5 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки то имрӯз корҳо ба маблағи 900 миллион сомонӣ анҷом ёфтаанд.<ref name="fn119">Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ванҷ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> 25 июни соли 2025 роҳи мошингарди маркази ноҳия то нуқтаи пайвастшавӣ ба ин шоҳроҳ, иборат аз ду хатти ҳаракат бо дарозии умумии 16 км, пас аз таҷдид ба истифода дода шуд; дар дарозои роҳ истгоҳҳои нақлиётӣ ва гузаргоҳҳо барои пиёдагардон бунёд гардидаанд.<ref name="fn111" /><ref name="fn120">Ифтитоҳи роҳи маркази ноҳияи Ванҷ то нуқтаи пайвастшавӣ ба шоҳроҳи Душанбе--Кулма // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
23 июни соли 2025 ширкати ҳавопаймоии ''«Тоҷик Эйр»'' пас аз ёздаҳ соли танаффус (парвози охирин соли 2014 сурат гирифта буд) хатсайри ҳавоии Душанбе-Ванҷ-Душанберо аз нав кушод: парвози нахустин бо 15 мусофир анҷом ёфт. Парвоз дар ин масир 50 дақиқа тӯл кашида, тибқи ҷадвал ҳафтае як маротиба, рӯзҳои ҷумъа, бо ҳавопаймои Ан-28 иҷро мешавад ва нархи чипта дар як самт 750 сомонӣ муайян гардидааст.<ref name="fn121">[https://asiaplustj.info/tj/node/350087 Оғози парвози ҳавопаймоӣ миёни Душанбе ва Ванҷ. Аввалин парвоз кай ва нархи чипта чанд аст?] // Asia-Plus, июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn122">[https://asiaplustj.info/tj/node/350121 Пас аз 11 сол. Аввалин парвози ҳавопаймо дар масири Душанбе-Ванҷ-Душанбе анҷом ёфт] // Asia-Plus, 23 июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар доираи татбиқи ''«Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»'' (қабулшуда 28 июни соли 2024), 24 феврали соли 2026 дар шафати роҳҳои мошингарди ноҳияи Ванҷ беш аз 2000 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва сояафкану мевадиҳанда шинонида шуд.<ref name="fn123">[https://khovar.tj/2026/02/daraht-binshon-dar-shafati-ro-oi-moshingardi-van-besh-az-2000-beh-ni-ol-shinonida-shud/ ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳҳои мошингарди Ванҷ беш аз 2000 бех ниҳол шинонида шуд] // АМИТ «Ховар», 24 феврали 2026. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Фарҳангу маориф ==
Пеш аз инқилоб аҳолии маҳаллии Ванҷ дар масҷидҳо ва хонаҳои муллоён хатту савод меомӯхтанд ва на ҳама ақшори мардум фурсат ва имкони саводомӯзӣ доштанд. Аз ин рӯ нисбати саводнокӣ дар миёни онҳо хеле паст буд ва ба сахтӣ метавонист ба 3-10 % бирасад. Саводомӯзии саросарии аҳолиро ҳукумати шӯравӣ ба роҳ монд.
Соли 1926 нахустин мактаб дар минтақа фаъолияти худро оғоз намуд: дар он танҳо 1 муаллим – Одил Боқиев (аз деҳаи Чихох) кор мекард ва 25 талаба дар он ҷо дарс меомӯхтанд. Соли 1930 шумораи муаллимон ба 7 нафар расид. Дар авохири даҳаи 30-юми асри XX тақрибан дар ҳамаи маҳалҳои сераҳолии деҳшӯроҳои Ванҷ мактабҳои ибтидоӣ таъсис ёфтанд, ки бештари бачагону наврасон дар онҳо таҳсил мекарданд.
Тобистони соли 1941 (дар арафаи [[Ҷанги Бузурги Ватанӣ]]) дастгоҳи кинонамоишдиҳӣ дар Ванҷ сохта, ба марҳалаи истифода расид. Соли 1941 дар вилоят 41 китобхона вуҷуд дошт, аз ҷумла китобхонаи ноҳиявӣ дар маркази Ванҷ ва 12 чойхонаи сурх. Дар аввали моҳи апрели соли 1930 дар яке аз деҳаҳои баландкӯҳи водии Ванҷ – Рованд нахустин маҷлиси ҷавонон баргузор шуд.
Дар соли таҳсилии 2011-2012 дар ноҳияи Ванҷ 50 мактаб, аз ҷумла 23 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 4 мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, 13 мактаби ибтидоӣ, мактаб-интернат ва муассисаи томактабӣ вуҷуд дошт. Дар ҳамин сол дар мактабҳои ноҳия 7437 талаба таҳсил мекард, ки ба онҳо 928 муаллими соҳибмаълумоти олӣ дарс медоданд.
25 июни соли 2025 дар деҳаҳои Мотравн, Будун, Вишхарв, Жамаг, Бунай, Техарв ва Ғиҷовасти ноҳия 7 кӯдакистони нав ифтитоҳ гардид: чор кӯдакистон аз ҳисоби буҷети маҳаллии вилоят ва се кӯдакистони дигар аз ҳисоби сокинони деҳаҳо тариқи ҳашар сохта шудаанд. Ин муассисаҳо аз 20 синфхона иборат буда, барои 380 тарбиятгиранда пешбинӣ шудаанд ва дар онҳо 34 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.<ref name="fn111" /><ref name="fn124">[https://khovar.tj/2025/06/peshvoi-millat-emomal-ra-mon-dar-no-iyai-van-ba-tavri-ma-oz-7-muassisai-talimii-tomaktabiro-iftito-namudand/ Ифтитоҳи 7 кӯдакистон дар ноҳияи Ванҷ] // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
Дар Ванҷ 45 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 1 театр, 13 клуб, 2 автоклуб, 5 хонаи фарҳанг, 25 китобхона бо фонди 114 960 нусха китоб фаъолият мекунад. Рӯзномаи ноҳиявӣ бо номи ''«Ватан»'' нашр мешавад.
== Тиб ==
Аввалин иттилои тиббии сабтшуда дар бораи Ванҷ ба гузориши капитан Кузнецов (соли 1892) рост меояд, ки паҳншавии бемории зоб (гулбандварамӣ)-ро дар байни дигар бемориҳои маъмули Дарвоз махсус қайд кардааст:
''«Изъ другихъ болѣзней особенно развитыхъ въ Дарвозѣ, слѣдуетъ отмѣтить зобъ, главнымъ образомъ по рѣкѣ Ванчъ.»''
Тарҷума: ''«Аз дигар бемориҳое, ки дар Дарвоз хеле паҳн шудаанд, бояд зобро қайд кард, ки асосан дар канори дарёи Ванҷ вомехӯрад»''.<ref name="fn125">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 51.</ref>
Соли 1939 дар Ванҷ маркази тиббӣ ва бемористоне барои 10 кат сохта шуда буд. Ин иттифоқ дар канори душвориҳои азиме ба вуҷуд омад: то оғози асри XX дар водӣ тибби илмӣ вуҷуд надошт ва сокинон танҳо ба гиёҳдармонӣ ва дуохонӣ такя мекарданд, ки боиси сатҳи баланди фавти модарону кӯдакон мегардид.<ref name="fn49" /> Тибқи як таҳқиқи диссертатсионӣ, гузариш ба тибби муосир бо муқовимати шадид ҳамроҳ буд: соли 1929 табиби рус Спажев, ки барои расонидани кумаки аввалияи тиббӣ ба Ванҷ фиристода шуда буд, аз ҷониби дастаҳои босмачӣ ба қатл расонида шуд – ҳодисае, ки соли 1931 бо қатли табиб Олхов дар ноҳияи ҳамҷавори Қалъаихумб такрор ёфт.<ref name="fn126">Диссертатсия // Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ.</ref> Муҳоҷирати маҷбурии соли 1954-и сокинони водии Язғулом ба водии гарми Вахш низ оқибатҳои вазнини беҳдоштӣ – бемории оммавӣ ва фавти зиёди кӯдакон – ба бор овард, ки яке аз сабабҳои бозгашти тадриҷии як қисми муҳоҷирон ба зодгоҳашон гардид.<ref name="fn49" />
Ҳоло дар ноҳия як беморхонаи марказӣ (дар шаҳраки Рохарв, дорои 6 шуъбаи бистарикунонӣ), як беморхонаи минтақавӣ дар водии Язғулом, 22 бунгоҳи тиббӣ, маркази назорати беҳдоштӣ (санитарию эпидемиологӣ) ва 4 дорухона фаъолият доранд. Тибқи маълумоти соли 2023, ба ин шабака 57 310 нафар бемор муроҷиат кардааст – ба ҳисоби миёна беш аз 1,6 маротиба барои ҳар сокини ноҳия дар як сол.<ref name="fn127">Ванҷ. Роҳандозии тадбирҳо дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар сохтори марказии шабака 47 духтури дорои маълумоти олӣ ва 193 корманди миёнаи тиббӣ кор мекунанд; рақами 369 нафар пизишки дорои маълумоти олӣ, ки дар маъхазҳои умумӣ оид ба ноҳия зикр мешавад, эҳтимол тамоми мутахассисони тиббии ҳудуди ноҳияро – аз ҷумла дорухонаҳо, СЭС ва муассисаҳои хусусиро – дар бар мегирад.<ref name="fn127" />
Дар водии дурдасти Язғулом, ки пеш аз истиқлол мардум маҷбур буданд беморони вазнинро тавассути чорвои борбар ба масофаҳои дур интиқол диҳанд, имрӯз як дармонгоҳи минтақавӣ, ду маркази саломатӣ, се бунгоҳи тиббӣ дар деҳаҳои дурдаст ва як таваллудхонаи махсусгардонидашуда фаъолият доранд.<ref name="fn127" /> Дар деҳаи Гармчашмаи ҷамоати Рованд, наздики лозури Ванҷях, як маркази саломатии муосир бо ҳамкории Вазорати тандурустӣ ва Хадамоти ҳифзи сиҳатии [[Бунёди Оғохон]] (Aga Khan Health Services) сохта шудааст.<ref name="fn128">Ифтитоҳи маркази саломатӣ дар ноҳияи Ванҷ // АМИТ «Ховар», сентябри 2015. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар доираи барномаи миллии рушди инфрасохтори тиббӣ, соли 2025 сохтмони бинои нави Беморхонаи марказӣ барои 120 кат бо арзиши 114 миллион сомонӣ оғоз гардид.<ref name="fn129">Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Ванҷ // Президенти Тоҷикистон, 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Барои ҳалли норасоии кадрҳо, тайи давраи соҳибистиқлолӣ 142 нафар хатмкунандаи ноҳияи Ванҷ дар муассисаҳои олии тиббии ҷумҳурӣ (пеш аз ҳама Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино) таҳсил кардаанд, ки аз ин шумора 40 нафар тавассути квотаи президентӣ буда, соли 2025 боз 22 нафари дигар ба ҳамин квота фаро гирифта шуданд.<ref name="fn129" /> Барномаи ''«Корвони саломатӣ»''-и Вазорати тандурустӣ низ борҳо ба Ванҷ ташриф оварда, ба табибони маҳаллӣ таҷрибаандӯзӣ фароҳам овардааст.<ref name="fn130">«Корвони саломатӣ». Сокинони ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ бо хизматрасонии ройгони тиббӣ фаро гирифта шуданд // АМИТ «Ховар», майи 2022. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Бо сабаби баландкӯҳ будани минтақа, Ванҷ таърихан ба минтақаҳои паҳншавии бемории ҷоғвар (норасоии йод) мансуб буд; тибқи маълумоти таҳлилӣ, дар натиҷаи стратегияи миллии йодизатсияи намак сатҳи паҳншавии ин беморӣ дар давраи солҳои 2019-2023 то 72 фоиз коҳиш ёфтааст.<ref name="fn131">Авҷи Зуҳал, № 2, 2025.</ref> Бо назардошти сатҳи баланди муҳоҷирати меҳнатии сокинони ноҳия, маркази маҳаллии мубориза бар зидди ВНМО (ВИЧ) корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни ҷавонон пайваста мегузаронад.<ref name="fn127" /> Дар давраи пандемияи [[COVID-19]] Беморхонаи марказии Ванҷ шуъбаи бемориҳои сироятиро ба реҷаи фавқулодда гузаронид, ва моҳи июни соли 2020 тибқи барномаи дастгирии [[Иттиҳоди Аврупо]] ба ин муассиса таҷҳизоти муҳофизати инфиродӣ (PPE) расонида шуд.<ref name="fn132">EU timeframe for PPE distribution // Хадамоти амали берунии Иттиҳоди Аврупо (EEAS), июни 2020. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Беморхонаи марказӣ соли 2014 пурра ба низоми гармкунии барқӣ (аз ҳисоби неругоҳҳои хурди барқи обӣ) гузашт, ҳарчанд барои ҳолатҳои фавқулодда ҳарсола захираи эҳтиётии сӯзишворӣ нигоҳ дошта мешавад.<ref name="fn133">Беморхонаи Ванҷ ба низоми гармкунии барқӣ гузашт // АМИТ «Ховар», январи 2014. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Тибқи санҷиши Агентии амнияти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳо (июли 2024), Беморхонаи марказии Ванҷ талаботи қонунгузории бехатарии радиатсиониро пурра риоя намуда, дараҷаи хатари фаъолияти он ''«паст»'' арзёбӣ шудааст.<ref name="fn134">[https://cbrn.tj/ Феҳристи Агентии амнияти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ (cbrn.tj)]. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Варзиш ==
Ванҷ аз даврони қадим бо гуштигирони номвари худ шуҳратёр буд. Номи паҳлавонони ванҷӣ – Амонат, Сулаймон, Дилдор, Хушдил, Худоӣ, Ҳиммат, Ш. Дилов, Алифбек ва дигарон то кунун ба некӣ ёд мешавад ва қиссаҳои майдондориашон ҳанӯз вирди забони хосу ом аст. Соли 2024 гӯштини миллии тоҷикӣ ([[гӯштингирӣ]]) дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта шуда, мақоми расман байналмилалӣ касб кард; шумораи мусобиқаҳои ин намуди варзиш дар саросари ҷумҳурӣ аз 485 адад дар соли 2020 то тақрибан 4000 адад дар соли 2022 афзудааст.<ref name="fn135">[https://mfa.tj/tg/brussels/view/12033/gushtini-tojiki-maqomi-bainalmilali-girift Гӯштини тоҷикӣ мақоми байналмилалӣ гирифт] // Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Паҳлавони ванҷӣ [[Шакармамад Мирмамадов]], ки дар якчанд намуди варзиш (ҷудо, кураш, гӯштингирӣ) рақобат мекунад, яке аз муваффақтарин варзишгарони вазни сангини Тоҷикистон дар даҳсолаи охир аст: соҳиби медали биринҷии Бозиҳои XVIII осиёии соли 2018 дар Ҷакарта (ҷудо, +100 кг),<ref name="fn136">Бозиҳои XVIII осиёӣ: Шакармамад ҳам соҳиби медали биринҷӣ гардид // Радиои Озодӣ. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> медали тиллои Чемпионати 13-уми Осиё оид ба кураш дар Теҳрон (июни 2024)<ref name="fn137">Шакармамад Мирмамадов қаҳрамони Осиё оид ба кураш // Варзиш ТВ. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> ва медали тиллои Нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ дар Душанбе (28-31 августи 2024, бо иштироки беш аз 200 варзишгар аз 63 давлат) гардид.<ref name="fn138">Варзишгари тоҷик Шакармамад Мирмамадов дар нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ медали тилло ба даст овард // АМИТ «Ховар», августи 2024. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар мусобиқаҳои Наврӯзии байналмилалӣ дар Хоруғ (марти 2025) ва Рашт (апрели 2026) низ ғолиб омада, ҳарду бор соҳиби автомобил гардид.<ref name="fn1392">[https://khovar.tj/2025/03/shakarmamad-mirmamadov-barandai-sho-oizai-musobi-ai-bajnalmilalii-g-shtini-mill-dar-sha-ri-horu-gardid/ Шакармамад Мирмамадов барандаи Шоҳҷоизаи Мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ дар шаҳри Хоруғ гардид] // АМИТ «Ховар», 26 марти 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn1402">[https://khovar.tj/2026/04/mu-ammadin-shodmon-far-od-va-shakarmamad-so-ibi-sho-oiza-oi-musobi-ai-g-shtini-millii-no-iyai-rasht-shudand/ Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд] // АМИТ «Ховар», 15 апрели 2026. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
25 марти соли 2020 дар ҷамоати деҳоти Язғулом бахшида ба Наврӯз мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ баргузор гардид, ки дар он беш аз 300 нафар паҳлавон на танҳо аз Ванҷ, балки аз Душанбе, [[Бохтар]], Кӯлобу Хоруғ ва ноҳияҳои Дарвозу Рӯшон иштирок карданд.<ref name="fn1" />
Дар ноҳия беш аз 40 иншооти варзишӣ мавҷуд аст. 25 июни соли 2025 дар деҳаи Убари Даргов толори варзишӣ бо масоҳати умумии 615 м², иборат аз толори асосӣ, толори тенниси рӯи миз ва ҳуҷраҳои ёрирасон, ба истифода дода шуд.<ref name="fn111" /><ref name="fn1412">Ифтитоҳи толори варзишӣ дар деҳаи Убари Даргови ноҳияи Ванҷ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref> Ҳамчунин, 15 ноябри соли 2025, дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар деҳаи Андарбоғи ҷамоати Язғулом толори варзишии замонавӣ, ки бо маблағи 480 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст, ба истифода дода шуд.<ref name="fn1422">[https://khovar.tj/2025/11/bahshida-ba-r-zi-prezident-dar-de-ai-andarbaki-no-iyai-van-tolori-muosiri-varzish-ba-istifoda-doda-shud/ Бахшида ба Рӯзи Президент дар деҳаи Андарбаки ноҳияи Ванҷ толори муосири варзишӣ ба истифода дода шуд] // АМИТ «Ховар», 15 ноябри 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Пеш аз ин, 11 сентябри соли 2018 бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамин ҷамоати Язғулом низ як толори варзишӣ ба истифода дода шуда буд.<ref name="fn15" />
Ба ғайр аз гӯштин, дар солҳои охир [[волейбол]] низ дар ноҳия рушд кардааст: дар мусобиқаи маҳаллӣ 7 дастаи волейболи ҷавонон иштирок доранд, ва дастаи ноҳияи Ванҷ дар Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявии волейбол дар ноҳияи Восеъ дар қатори дастаҳои пуриқтидоре чун ''«Регар ТадАЗ»'' ва дастаи шаҳри Душанбе иштирок карда, рақобати арзанда нишон додааст.<ref name="fn1432">[https://khovar.tj/2025/06/regar-tadaz-dar-musobi-a-oid-ba-volejbol-dar-no-iyai-vose-sazovori-sho-oiza-gardid/ «Регар ТадАЗ» дар мусобиқа оид ба волейбол дар ноҳияи Восеъ сазовори Шоҳҷоиза гардид] // АМИТ «Ховар», июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар Бозиҳои осиёии соли 2018, ки [[самбо]] бори аввал ба барномаи он дохил шуда буд, Тоҷикистонро дар қатори дигарон ду варзишгари ҷавон – Ҷомии Ҳасанӣ ва Сомон Сангов – намояндагӣ карданд.<ref name="fn136" />
== Шахсиятҳои маъруф ==
[[Мулло Муҳаммадёри Ванҷӣ]] (машҳур ба Мулло Ёр) – шоири маъруфи мардумии тоҷик, зодаи деҳаи Ғумаяки водии Ванҷ; мероси ӯ то имрӯз дар байни мардуми кӯҳистони тоҷик маҳбубият дорад.<ref name="fn2" />
Раҳим Масов (16 ноябри 1939, деҳаи Мудеҳарви ноҳияи Ванҷ – 21 июни 2018, Душанбе) – таърихшиноси барҷастаи тоҷик, доктори илмҳои таърих, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон; солҳои 1988-2015 директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш.<ref name="fn1442">[https://khovar.tj/rus/2022/11/akademik-rahim-masov-zhizn-posvyashhennaya-otstaivaniyu-natsionalnyh-interesov-tadzhikistana-segodnya-velikomu-uchenomu-ispolnilos-by-83-goda/ Академик Рахим Масов: жизнь, посвящённая отстаиванию национальных интересов Таджикистана] (рус.) // НИАТ «Ховар», 16 ноябри 2022. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn1452">[https://asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/society/20180621/segodnya-v-dushanbe-skonchalsya-akademik-rahim-masov Сегодня в Душанбе скончался академик Рахим Масов] (рус.) // Азия-Плюс, 21 июни 2018. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Ҳайдаршо Пирумшоев (таваллуд 30 декабри 1944, ноҳияи Ванҷ) – таърихшинос, доктори илмҳои таърих, профессор; муаллифи асарҳои ''«Ванҷ»'' (М., 2004), ''«Ванҷи ману ганҷи ман»'' (Душанбе, 2013) ва таҳқиқоти сершумор оид ба таърихи Бадахшону Помир.<ref name="fn1462">[https://asiaplustj.info/tj/node/356410 Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо... 30 декабри соли 2025] // Asia-Plus. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Қодири Қосим (таваллуд 9 апрели 1961, ноҳияи Ванҷ) – ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон.<ref name="fn1472">Председатель Федерации независимых профсоюзов Таджикистана Кодири Косим выдвинут кандидатом в депутаты Маджлиси намояндагон (рус.) // НИАТ «Ховар», январи 2020. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Мурувватшо Бачабеков (1 майи 1944 – 9 сентябри 2023, деҳаи Баравни ҷамоати Водхуд) – устоди варзиши гӯштингирӣ, ки ӯро бунёдгузори мактаби муосири гӯштини Ванҷ медонанд; солҳои 1972-1994 устоди кафедраи тарбияи ҷисмонии Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) буд.<ref name="fn1482">Устоди паҳлавонони Ванҷ Мурувватшо Бачабеков аз дунё рафт // Бомдод, 12 сентябри 2023. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Маҳмадшариф Сулаймонов (зодаи деҳаи Рованд) – устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ дар гӯштини миллӣ, ки зиёда аз панҷоҳ сол дар майдони паҳлавонӣ фаъолият дорад.<ref name="fn1492">Суфраи паҳлавонӣ // Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Ҳукумат ==
Сарвари ноҳияи Ванҷ Раиси ноҳия аст, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мегардад.<ref name="fn3" /> Ниҳоди намояндагии ноҳия – Маҷлиси вакилони халқ мебошад, ки аз тарафи мардуми ноҳия ба муддати 5 сол интихоб мешавад. Маълумоти расмӣ дар бораи ноҳия дар сомонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (badakhshon.tj) ҷой дода шудааст.<ref name="fn3" />
Раисони ноҳия дар тӯли фаъолияти маъмурии он борҳо иваз шудаанд; барои мисол, 17 ноябри соли 2021 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷабори Қосим аз мансаби раиси ноҳияи Ванҷ озод карда шуда, ба ҷои ӯ Мардзода Одинашо Миршаб ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия таъин гардид.<ref name="fn1502">[https://sputnik.tj/20211117/barkanori-jabbori-qosim-nazarshozoda-vanj-roshtqala-1043601608.html Раисони Ванҷу Роштқалъа барканор шуданд: раҳбарони нав киянд?] // Sputnik Тоҷикистон, 17 ноябри 2021. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Эзоҳ ==
{{Reflist|30em}}
== Манобеъ ==
* Андреев М. С. Выработка железа в долине Ванча (верховья Аму-Дарьи). – Ташкент, 1926.
* Бубнова М. А. Горно-Бадахшанская автономная область. Западный Памир (памятники каменного века – XX в.). – Душанбе, 2008. – (Археологическая карта Таджикистана).
* Бурхан-уд-Дин-хан Кушкеки. Путеводитель по Каттагану и Бадахшану. – Ташкент, 1926.
* Гулшанӣ. Таърихи ҳумоюн. – Душанбе, 2006.
* Искандаров Б. И. Восточная Бухара и Памир во второй половине XIX в. Ч. 1-2. – Душанбе, 1962-1963.
* Камалиддинов Ш. С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX – начала XIII вв. – Ташкент, 1996.
* Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). – Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893.
* Лашкарбеков Б. Б. Старованджский язык (vanǰivor) // Основы иранского языкознания: Среднеиранские и новоиранские языки / под ред. В. А. Ефимова. – М.: Восточная литература, 2008. – С. 61-109.
* Масов Р. М. К истории Ванчской долины // Мероси ниёгон. – Душанбе, 1999. – № 4. – С. 20-30.
* Мушкетов Д. И. Рохаръ (Кала-и-Ванчъ). – Петроградъ: Типографія М. М. Стасюлевича, 1916. – (Отдѣльный оттискъ изъ тома LII (1916 г.) Извѣстій Императорскаго Русскаго Географическаго Общества № 876).
* Пирумшоев Ҳ. Ванҷ. – М., 2004.
* Пирумшоев Ҳ., Зафаров А. Ванҷи ману ганҷи ман (очерки таърихӣ). – Душанбе, 2013.
* Постников А. В. Схватка на «Крыше Мира»: политики, разведчики и географы в борьбе за Памир в XIX веке. – М.: Памятники исторической мысли, 2001. – ISBN 5-88451-100-0.
* Розенфельд А. З. Ванджские говоры таджикского языка / ЛГУ им. А. А. Жданова. – Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. – 151 с.
* Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. – М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903.
* Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. – Душанбе: СИЭМТ, 2013.
* Эдельман Д. И. Язгулямский язык. – М.: Наука, 1966.
* Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. – М.: Наука (ГРВЛ), 1975. – С. 41-62.
* Языки мира: Иранские языки. III. Восточноиранские языки. – М.: Индрик, 2000.
* Moseley Chr. (ed.) Atlas of the World's Languages in Danger. – 3rd ed. – Paris: UNESCO Publishing, 2010.
* Paul D., Abbess E., Müller K., Tiessen C., Tiessen G. Language Access and Tajik Language Proficiency among the Yazghulami of Tajikistan. – SIL International, 2010.
== Пайвандҳо ==
* [https://www.vanjiman.com/ Сомонаи vanjiman.com]
* [https://vanj.info/ Торнамои Ванҷ (vanj.info)]
* [http://badakhshon.tj/?page_id=11224 Саҳифаи ноҳияи Ванҷ дар сомонаи расмии ВМКБ]
* [[c:Category:Vanj_District|Парвандаҳо дар Викианбор (Vanj District)]]
{{тоҷикистон-ҷуғ-нопурра}}
{{Тақсимоти маъмурии ВМКБ}}
{{Ноҳияи_Ванҷ}}
[[Гурӯҳ:Ноҳияҳои Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]]
[[Гурӯҳ:Ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]]
[[Гурӯҳ:Ноҳияи Ванҷ]]
fkqipfubdsymdnaa5qm2qzvdjx08ysb
1482028
1482027
2026-07-26T01:25:47Z

Лаҳҷаҳои ванҷии забони тоҷикӣ мавзӯи таҳқиқи бунёдии эроншиноси рус А. З. Розенфелд гардидаанд, ки соли 1964 дар [[Ленинград]] монографияи махсуси ''«Ванджские говоры таджикского языка»''-ро дар ҳаҷми 151 саҳифа ба табъ расонидааст.<ref name="fn89">Розенфельд А. З. Ванджские говоры таджикского языка / ЛГУ им. А. А. Жданова. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- 151 с.</ref> Дар гуфтугӯи мардуми Ванҷ ҷӯйборҳои лозурӣ, ки деҳаҳо дар канораи онҳо бино ёфтаанд, ''«даргов»'' номида мешаванд; ба ақидаи Ҳ. Пирумшоев, ин вожа гунаи тағйирёфтаи ибораи ''«даргоҳи об»'' аст.<ref name="fn2" /> Аммо дуруст он аст, ки аслаш дарагоб/дараоб (обе ки аз дара меояд) аст, зеро дар форсии миёна "дара" "дараг" навишта ва талаффуз мешудааст. Тибқи фарзияи дигари забоншиносӣ, метавон решаи вожаи ''«дарғов»''-ро бо калимаи осетинии ''«dærg»'' (''«дароз»'') пайванд дод, яъне маънои аслии он ''«оби дароз»'' бошад.<ref name="fn164">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §50--52.</ref>
Тибқи таснифи Розенфелд, гӯишҳои ванҷӣ ҷузъи таркибии гӯишҳои дарвозӣ буда, якҷоя бо онҳо ба гурӯҳи васеътари гӯишҳои ҷанубу шарқии забони тоҷикӣ дохил мешаванд.<ref name="fn1562">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §59.</ref> Хусусияти муҳимтарини гӯишҳои дарвозиву-ванҷӣ – ҷобаҷогузории зарраи ''«ме-»''-и замони ҳозира-оянда аз аввали феъл ба охири он (миёни асос ва флексия) мебошад, ки дар ҳамаи гӯишҳои ин гурӯҳ, ба ғайр аз гӯиши болои Ванҷ, мушоҳида мешавад.<ref name="fn1572">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §60, §61.</ref> Аз миёни гӯишҳои дарвозӣ, ба гӯиши ванҷӣ аз ҳама наздиктар гӯиши ягидӣ (алалхусус ба зерлаҳҷаи водхудии поёни Ванҷ) ва гӯиши миёнаи дарвозиву-ваҳиёӣ (ба лаҳҷаи миёнаи Ванҷ) мебошанд.<ref name="fn158">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §62.</ref>
=== Лаҳҷаҳои дохилии гӯиши ванҷӣ ===
Розенфелд дар дохили гӯиши ванҷӣ се лаҳҷаи асосиро фарқ мекунад: лаҳҷаи поёни Ванҷ, лаҳҷаи миёнаи Ванҷ (ки онро боз лаҳҷаи ваҳиёиву-ванҷӣ низ меноманд) ва лаҳҷаи болои Ванҷ.<ref name="fn1512">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §54.</ref>
Лаҳҷаи поёни Ванҷ дар деҳаҳои соҳили рости дарёи Ванҷ (аз резишгоҳ ба боло) – Вискроғ, Бичхарвак, Рохарв (маркази ноҳия), Бовид ва Одешт – ва дар соҳили чап – Дашти Роғ, Лангар, Гишхун ва Ғумаяк, инчунин дар деҳаҳои ҷамоати Водхуд роиҷ аст; аксарияти сокинони поёни Ванҷ ва Водхуд муҳоҷиронанд, ки бештарашон аз Дарвоз ва қисман аз болои Ванҷ ба ин ҷо кӯчидаанд.<ref name="fn1522">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §55, саҳ. 12.</ref> Дар дохили ин лаҳҷа ду зерлаҳҷа – водхудӣ ва гишхунӣ – фарқ карда мешаванд; барои зерлаҳҷаи водхудӣ лабиалишавии қавии садоноки ''«о»'', мавҷудияти зарфи ''«fru/fre»'' ба маънои ''«поён»'' ва истифодаи шакли дуюми замони ҳозира-ояндаи феъл дар шахсҳои якум ва саввуми танҳо бо флексияи ''«-a»'' (масалан, ''«gama»'', ''«ravama»'' ба ҷои шакли маъмули дарвозиву-ванҷии ''«game»'', ''«rave»'') хос аст.<ref name="fn1532">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §56, саҳ. 12.</ref>
Лаҳҷаи миёнаи Ванҷ (ваҳиёиву-ванҷӣ) аз деҳаи Бунай то деҳаҳои Доршир (дар соҳили рост) ва Гуҷовас (дар соҳили чап), то деҳаи болотарини водӣ – Поймазор – паҳн аст. Сокинони ин минтақаро ''«ваҳиёчиён»'' меноманд, зеро аксарашон муҳоҷироне мебошанд, ки аз водии Ваҳиёи Боло ба ин ҷо кӯчидаанд. Барои ин лаҳҷа мавҷудияти ҳамсадоҳои болофаринголии ''«ҳ»'' ва ''«айн»'', истифодаи пасванди ''«-ak»'' дар шахси саввуми танҳои замони гузашта (''«umadastak»'' – ''«ӯ омад»''), калимаи ''«oča»'' ба маънои ''«модар»'' (ба ҷои ''«muma»''-и роиҷ дар дигар лаҳҷаҳои ванҷӣ) ва номи ''«ruzan»'' барои равзанаи дуд хос аст; ин лаҳҷа аз рӯи аломатҳои зикршуда ба лаҳҷаи ваҳиёиву-дарвозӣ наздик мешавад.<ref name="fn1542">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §57, саҳ. 12.</ref>
Лаҳҷаи болои Ванҷ аз деҳаи Доршир то сарчашмаҳои дарёи Ванҷ – дар деҳаҳои Сетарғ, Мурғутга, Ван-Вани Боло ва Поён (соҳили рост) ва Гуҷовас, Гумаст, Рованд, Гармчашма, Сунгад (соҳили чап) – паҳн аст. Сокинони ин минтақа худро ''«ванҷиҳо»'' ё ''«ванҷиёни туптӣ»'' (яъне бумӣ) меноманд ва маҳз дар ҳамин лаҳҷа лексикаи бештар архаистӣ, аз ҷумла боқимондаҳои алоҳидаи забони куҳани ванҷӣ, то имрӯз нигоҳ дошта шудааст.<ref name="fn1552">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §58, саҳ. 12--13.</ref> Хусусияти муҳимтарини лаҳҷаи болои Ванҷ дар он аст, ки зарраи ''«ме-»'' дар аввали шакли феълӣ боқӣ мемонад ва ба охири он нагузашта; маҳз бо ҳамин аломат, ин лаҳҷа аз ҳамаи дигар гӯишҳои дарвозиву-ванҷӣ фарқ мекунад.<ref name="fn1572" />
Аз лиҳози овоӣ (фонетикӣ), гӯишҳои ванҷӣ бо паҳншавии васеи фонемаи ''«ə»'' (ки ба садонокҳои кӯтоҳи забони адабӣ рост меояд) ва мулоимшавии садоноки ''«ӯ»'' тавсиф мешаванд.<ref name="fn159">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §1--3, саҳ. 5--6.</ref> Далели дигари куҳансолии ин гӯишҳо паҳншавии васеи фонемаи ''«ж»'' аст, ки дар забони адабии тоҷикӣ танҳо дар се-чор калима боқӣ мондааст, ҳол он ки дар гӯишҳои ванҷӣ гурӯҳи назарраси калимаҳо бо ин ҳамсадо сабт шудаанд (масалан, ''«жеғ»'' – якрав, ''«жовидан»'' – ҷавидан).<ref name="fn160">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §15, саҳ. 6--7.</ref> Афтодани ҳамсадои ''«д»'' дар миёни калима, ки хоси гӯишҳои дарвозиву-ванҷист, ба сохти флексияи феълӣ низ таъсир расонидааст: дар замони гузашта шахси саввуми танҳо флексияи ''«-и»''-ро мегирад (масалан, ''«babori»'' – ''«борид»''), шахси саввуми ҷамъ бошад – флексияи ''«-ин»''.<ref name="fn161">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §11.</ref>
Дар морфология, ҷамъбандии исм тавассути пасвандҳои ''«-о»'' (умумӣ), ''«-ун»'' (барои исмҳои ҷондор) ва ''«-гала»'' (барои гурӯҳи одамон) сурат мегирад.<ref name="fn1622">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §17.</ref>
Лексикаи гӯишҳои ванҷӣ, нисбат ба гӯишҳои дарвозӣ низ, дараҷаи баландтари архаизмро нишон медиҳад: дар он калимаҳое нигоҳ дошта шудаанд, ки дар забонҳои адабии тоҷикӣ ва форсӣ дигар истифода намешаванд, вале дар ашъори Фирдавсӣ ё дар фарҳангҳои қадимӣ сабт гардидаанд (масалан, ''«кӯп»'' ба маънои ''«санг»'', ''«харсанг»'').<ref name="fn163">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §48.</ref> Илова бар қабати калони калимаҳои помирӣ, дар гӯишҳои ванҷӣ гурӯҳи калимаҳое низ ба назар мерасанд, ки бо забони яғнобӣ ва ҳатто бо забони бостонии осетинӣ (аз шохаи шимолии забонҳои эронӣ) муштараканд.<ref name="fn164" /> Дар ''«Феҳристи калимаҳои куҳани ванҷӣ»'', ки ҳамчун замима ба монография пайваст шудааст, Розенфелд бар пояи таҳлили лексикӣ ва фонетикӣ ба хулосае мерасад, ки забони куҳани ванҷӣ ба гурӯҳи шуғнонию рӯшонии забонҳои помирӣ тааллуқ доштааст.<ref name="fn165">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- Замимаи «Феҳристи калимаҳои куҳани ванҷӣ».</ref>

ldrrdcau83kp4aqhw86qrpw1bsf43gp
1482029
1482028
2026-07-26T01:26:57Z
Firdavsi
3353
/* Лаҳҷаҳои дохилии гӯиши ванҷӣ */

Розенфелд дар дохили гӯиши ванҷӣ се лаҳҷаи асосиро фарқ мекунад: лаҳҷаи поёни Ванҷ, лаҳҷаи миёнаи Ванҷ (ки онро боз лаҳҷаи вахёиву-ванҷӣ низ меноманд) ва лаҳҷаи болои Ванҷ.<ref name="fn1512">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §54.</ref>
Лаҳҷаи поёни Ванҷ дар деҳаҳои соҳили рости дарёи Ванҷ (аз резишгоҳ ба боло) – Вискроғ, Бичхарвак, Рохарв (маркази ноҳия), Бовид ва Одешт – ва дар соҳили чап – Дашти Роғ, Лангар, Гишхун ва Ғумаяк, инчунин дар деҳаҳои ҷамоати Водхуд роиҷ аст; аксарияти сокинони поёни Ванҷ ва Водхуд муҳоҷиронанд, ки бештарашон аз Дарвоз ва қисман аз болои Ванҷ ба ин ҷо кӯчидаанд.<ref name="fn1522">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §55, саҳ. 12.</ref> Дар дохили ин лаҳҷа ду зерлаҳҷа – водхудӣ ва гишхунӣ – фарқ карда мешаванд; барои зерлаҳҷаи водхудӣ лабиалишавии қавии садоноки ''«о»'', мавҷудияти зарфи ''«fru/fre»'' ба маънои ''«поён»'' ва истифодаи шакли дуюми замони ҳозира-ояндаи феъл дар шахсҳои якум ва саввуми танҳо бо флексияи ''«-a»'' (масалан, ''«gama»'', ''«ravama»'' ба ҷои шакли маъмули дарвозиву-ванҷии ''«game»'', ''«rave»'') хос аст.<ref name="fn1532">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §56, саҳ. 12.</ref>
Лаҳҷаи миёнаи Ванҷ (ваҳиёиву-ванҷӣ) аз деҳаи Бунай то деҳаҳои Доршир (дар соҳили рост) ва Гуҷовас (дар соҳили чап), то деҳаи болотарини водӣ – Поймазор – паҳн аст. Сокинони ин минтақаро ''«ваҳиёчиён»'' меноманд, зеро аксарашон муҳоҷироне мебошанд, ки аз водии Ваҳиёи Боло ба ин ҷо кӯчидаанд. Барои ин лаҳҷа мавҷудияти ҳамсадоҳои болофаринголии ''«ҳ»'' ва ''«айн»'', истифодаи пасванди ''«-ak»'' дар шахси саввуми танҳои замони гузашта (''«umadastak»'' – ''«ӯ омад»''), калимаи ''«oča»'' ба маънои ''«модар»'' (ба ҷои ''«muma»''-и роиҷ дар дигар лаҳҷаҳои ванҷӣ) ва номи ''«ruzan»'' барои равзанаи дуд хос аст; ин лаҳҷа аз рӯи аломатҳои зикршуда ба лаҳҷаи ваҳиёиву-дарвозӣ наздик мешавад.<ref name="fn1542">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §57, саҳ. 12.</ref>
Лаҳҷаи болои Ванҷ аз деҳаи Доршир то сарчашмаҳои дарёи Ванҷ – дар деҳаҳои Сетарғ, Мурғутга, Ван-Вани Боло ва Поён (соҳили рост) ва Гуҷовас, Гумаст, Рованд, Гармчашма, Сунгад (соҳили чап) – паҳн аст. Сокинони ин минтақа худро ''«ванҷиҳо»'' ё ''«ванҷиёни туптӣ»'' (яъне бумӣ) меноманд ва маҳз дар ҳамин лаҳҷа лексикаи бештар архаистӣ, аз ҷумла боқимондаҳои алоҳидаи забони куҳани ванҷӣ, то имрӯз нигоҳ дошта шудааст.<ref name="fn1552">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §58, саҳ. 12--13.</ref> Хусусияти муҳимтарини лаҳҷаи болои Ванҷ дар он аст, ки зарраи ''«ме-»'' дар аввали шакли феълӣ боқӣ мемонад ва ба охири он нагузашта; маҳз бо ҳамин аломат, ин лаҳҷа аз ҳамаи дигар гӯишҳои дарвозиву-ванҷӣ фарқ мекунад.<ref name="fn1572" />
Аз лиҳози овоӣ (фонетикӣ), гӯишҳои ванҷӣ бо паҳншавии васеи фонемаи ''«ə»'' (ки ба садонокҳои кӯтоҳи забони адабӣ рост меояд) ва мулоимшавии садоноки ''«ӯ»'' тавсиф мешаванд.<ref name="fn159">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §1--3, саҳ. 5--6.</ref> Далели дигари куҳансолии ин гӯишҳо паҳншавии васеи фонемаи ''«ж»'' аст, ки дар забони адабии тоҷикӣ танҳо дар се-чор калима боқӣ мондааст, ҳол он ки дар гӯишҳои ванҷӣ гурӯҳи назарраси калимаҳо бо ин ҳамсадо сабт шудаанд (масалан, ''«жег»'' – якрав, ''«жовидан»'' – ҷавидан).<ref name="fn160">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §15, саҳ. 6--7.</ref> Афтодани ҳамсадои ''«д»'' дар миёни калима, ки хоси гӯишҳои дарвозиву-ванҷист, ба сохти флексияи феълӣ низ таъсир расонидааст: дар замони гузашта шахси саввуми танҳо флексияи ''«-и»''-ро мегирад (масалан, ''«babori»'' – ''«борид»''), шахси саввуми ҷамъ бошад – флексияи ''«-ин»''.<ref name="fn161">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §11.</ref>

et2beggyu1aa50wklonx601j233lrcc
1482030
1482029
2026-07-26T01:52:17Z

=== Илмҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ ===
Раҳим Масов (16 ноябри 1939, деҳаи Мудеҳарви ноҳияи Ванҷ – 21 июни 2018, Душанбе) – таърихшиноси барҷастаи тоҷик, доктори илмҳои таърих, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон; солҳои 1988–2015 директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш.<ref name="fn144">[https://khovar.tj/rus/2022/11/akademik-rahim-masov-zhizn-posvyashhennaya-otstaivaniyu-natsionalnyh-interesov-tadzhikistana-segodnya-velikomu-uchenomu-ispolnilos-by-83-goda/ Академик Рахим Масов: жизнь, посвящённая отстаиванию национальных интересов Таджикистана] (рус.) // НИАТ «Ховар», 16 ноябри 2022. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn145">[https://asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/society/20180621/segodnya-v-dushanbe-skonchalsya-akademik-rahim-masov Сегодня в Душанбе скончался академик Рахим Масов] (рус.) // Азия-Плюс, 21 июни 2018. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Ҳайдаршо Пирумшоев (таваллуд 30 декабри 1944, ноҳияи Ванҷ) – таърихшинос, доктори илмҳои таърих, профессор; муаллифи асарҳои ''«Ванҷ»'' (М., 2004), ''«Ванҷи ману ганҷи ман»'' (Душанбе, 2013) ва таҳқиқоти сершумор оид ба таърихи Бадахшону Помир.<ref name="fn146">[https://asiaplustj.info/tj/node/356410 Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо... 30 декабри соли 2025] // Asia-Plus. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
[[Комил Бекзода]] (Беков Комилҷон; таваллуд 9 январи 1945, деҳаи Узбайи ноҳияи Ванҷ) – файласуфи тоҷик, доктори илмҳои фалсафа.<ref name="fn167">[https://www.ozodi.org/a/600091.html Комил Бекзода Наврузро ҷашни орзуҳо медонад - Радиои Озодӣ]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Хатмкардаи шуъбаи забони арабии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1967), беш аз ҳафт сол дар Миср ва Яман ба ҳайси тарҷумон кору фаъолият намуд.<ref name="fn168">[https://kmt.tj/komil-bekzoda-fajlasufe-bo-andeshai-milly/ Комил Бекзода – файласуфе бо андешаи миллӣ - Китобхонаи миллии Тоҷикистон]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Соли 1988 рисолаи номзадӣ дар мавзӯи «Муҳаммади Шаҳристонӣ – муаррихи дин ва фалсафа» ва соли 2019 рисолаи доктории худро таҳти унвони «Нақши шуубия дар таърихи худшиносии халқи тоҷик» ҳимоя намуд.<ref name="fn168" /> Бекзода муаллифи консепсияи фалсафии «Фалсафаи ҷамшедӣ» аст, ки шарҳи он дар китоби ''«Бозгашти Ҷамшед: Мубоҳисаи Зиндагӣ бо Марг»'' (Душанбе, 2019) омадааст; соли 1993 маҳфили илмӣ-фалсафии «Ҷаҳони андеша»-ро таъсис дод.<ref name="fn168" /><ref name="fn169">[[Комил Бекзода|Комил Бекзода — Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Андешаҳои ӯ дар бораи Наврӯз ва масъалаҳои дин мавриди баҳсу назари муҳаққиқони дигар низ қарор гирифтаанд.<ref name="fn170">[https://www.ozodagon.com/index.php?newsid=17209 Орумбеков дар бораи “Ҷаҳон...”-и Комил Бекзода: “Ӯ фикрашро ҳамчун атеист баён кардааст” - Озодагон]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
Авсамад (Абдусамад) Ҳайдаров (таваллуд 1 октябри 1961, деҳаи Бунайи ноҳияи Ванҷ) – забоншинос ва педагог, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент.<ref name="fn171">[[Авсамад Ҳайдаров|Авсамад Ҳайдаров — Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Хатмкардаи факултети шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1986), солҳои 1986–1988 дар ҳайати қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон хидмат кард.<ref name="fn171" /> Соли 2012 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи ислоҳоти маорифи Аҳмади Дониш дифоъ намуд ва соли 2019 китоби ''«Фарҳанги тафсирии мухтасари луғоти шеваи ҷанубу шарқии забони тоҷикӣ»''-ро таълиф кард, ки дар он, аз ҷумла, этимологияи вожаи «Ванҷ» таҳлил шудааст.<ref name="fn1662" /><ref name="fn171" />
{| class="wikitable"
|+Ҷадвали 6. Намояндагони барҷастаи илмҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ аз ноҳияи Ванҷ
!Ному насаб
!Соҳаи фаъолият
!Асарҳо ва дастовардҳои калидӣ
!Унвони илмӣ / Мақом
|-
|Раҳим Масов
|Таърихнигорӣ
|Таҳқиқи тақсимоти ҳудудии миллӣ дар Осиёи Миёна
|Академик, директори Институти таърих (1988–2015)
|-
|Ҳайдаршо Пирумшоев
|Таърихнигорӣ
|''«Ванҷ»'' (2004), ''«Ванҷи ману ганҷи ман»'' (2013)
|Доктори илмҳои таърих, профессор
|-
|Комил Бекзода
|Фалсафа, шарқшиносӣ
|''«Бозгашти Ҷамшед: Мубоҳисаи Зиндагӣ бо Марг»'', консепсияи «Фалсафаи ҷамшедӣ»
|Доктори илмҳои фалсафа, муассиси «Ҷаҳони андеша»
|-
|Авсамад Ҳайдаров
|Педагогика, забоншиносӣ
|Таҳқиқи афкори Аҳмади Дониш, ''«Фарҳанги тафсирии мухтасари луғот...»''
|Номзади илмҳои педагогӣ, дотсент
|}
=== Илмҳои табиатшиносӣ ===
Кабут Вазиров (15 ноябри 1938 – 13 июли 2019) – муҳандис-геолог, номзади илмҳои геология ва минералогия (1975), профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои муҳандисии Тоҷикистон (2003).<ref name="fn172">[[Кабут Вазиров|Кабут Вазиров — Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Зодаи ноҳияи Ванҷ, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1961), муаллифи зиёда аз 400 мақолаи илмию методӣ, 4 китоби дарсӣ ва 3 монография оид ба сарватҳои зеризаминии Тоҷикистон.<ref name="fn172" /> Пас аз даргузашти ӯ хонаводааш 638 нусха китоб аз китобхонаи шахсиаш ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон тақдим намуданд.<ref name="fn173">[http://old.kmt.tj/beshtar-az-600-kitobi-kabut-vazirov-ba-kitobhonai-milli-takdim-shud Бештар аз 600 китоби Кабут Вазиров ба Китобхонаи миллӣ тақдим шуд]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
Саид Савлатов (таваллуд 17 майи 1940, деҳаи Чихохи ноҳияи Ванҷ) – биолог, дотсент, номзади илмҳои биологӣ (1972).<ref name="fn174">[[Саид Савлатов|Саид Савлатов — Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Таҳқиқоти ӯ ба масъалаҳои растанипарварӣ, ҳашаротшиносӣ ва меросгузории аломатҳо дар наслҳои гибридии пахта бахшида шудаанд; солҳои 1984–1989 мудири кафедраи зоологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ буд ва бо нишони «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (1984) сарфароз гардидааст.<ref name="fn174" />
=== Адабиёт ва рӯзноманигорӣ ===
Дар марҳилаи адабиёти шӯравӣ ва пасошӯравӣ, Басир Расо (13 июли 1931 – 11 июли 2010), зодаи деҳаи Водхуд, ба яке аз чеҳраҳои шинохтаи адабиёти танзу ҳаҷви тоҷик табдил ёфт.<ref name="fn175">[[Басир Расо|Басир Расо — Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Пас аз хатми факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1956), фаъолияти рӯзноманигории худро дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» ва маҷаллаи «Хорпуштак» оғоз намуд ва аз соли 1964 то охири умраш – беш аз чиҳил сол – сармуҳаррири маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» боқӣ монд.<ref name="fn176">[https://www.ozodi.org/a/2097189.html Даргузашти сардабири "Хорпуштак" - Радиои Озодӣ]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref><ref name="fn177">[https://navisandagan.tj/tj/%D1%80%D0%B0%D1%81%D0%BE-%D0%B1%D0%B0%D1%81%D0%B8%D1%80/ РАСО БАСИР - ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Маҷмӯаҳои ашъори ӯ, аз қабили ''«Дар боргоҳи нур»'', ''«Нидои дӯст»'' ва ''«Баҳори орзӯ»'', ба жанри ғазал ва шеъри лирикӣ низ тааллуқ доранд; ӯ дорои унвони «Ходими шоистаи маданияти Тоҷикистон» буд.<ref name="fn175" />
Дар соҳаи журналистикаи муосир ва таҳлилӣ, рӯзноманигори собиқадор Аслам Додихудоев (1946–2023) нақши босазо дошт ва дар инкишофи матбуоти даврӣ ва мактаби журналистикаи таҳлилии кишвар саҳм гузоштааст.<ref name="fn178">[[:ru:Додихудоев|Додихудоев - Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Тибқи феҳристи категорияи «Зодагони ноҳияи Ванҷ»-и Википедияи тоҷикӣ, дигар аҳли қалам ва рӯзноманигорони зодаи ин ноҳия – аз ҷумла Хилватшоҳи Маҳмуд, Бурҳон Раҳмон, Наврӯз Гулзода ва Насрин Идибеков – низ дар ғанигардонии фазои адабӣ ва иттилоотии кишвар саҳм доранд.<ref name="fn179">[[:Гурӯҳ:Зодагони ноҳияи Ванҷ|Гурӯҳ:Зодагони ноҳияи Ванҷ — Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
=== Санъати тасвирӣ ва мусиқӣ ===
Анваршо Сайфиддинов, Арбоби ҳунар ва Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон, аз соли 1984 узви Иттифоқи рассомони собиқ ИҶШС буда, дар доираҳои ҳунарӣ ба унвони ғайрирасмии «Шоҳи рангҳо» маъруф аст.<ref name="fn180">[https://farah-info.com/habari-ruz/nigohi-purasrori-anvarsho-sajfiddinov-ba-gety/ Нигоҳи пурасрори Анваршо Сайфиддинов ба гетӣ - Асосӣ - Фараҳ]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Осори ӯ – аз наққошӣ то санъати монументалӣ – рамзҳои фарҳанги бостонии тоҷиконро бо услубҳои муосир омезиш медиҳад; намунаҳои эҷодиёташ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва коллексияҳои Русия, Аврупо ва Осиё маҳфузанд, ва ӯ ҳамчун омӯзгор дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов фаъолият дорад.<ref name="fn180" /> Дар соҳаи санъати амалӣ, устод Маҳмадкарим Рақибов, омӯзгори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва нақшҳои миллӣ фаъолият мебарад.<ref name="fn181">[https://ddstdt.tj/10524-2/ МУСАВВИР - Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
=== Идоракунии давлатӣ ва сиёсат ===
Қодири Қосим (таваллуд 9 апрели 1961, ноҳияи Ванҷ) – ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон.<ref name="fn147">Председатель Федерации независимых профсоюзов Таджикистана Кодири Косим выдвинут кандидатом в депутаты Маджлиси намояндагон (рус.) // НИАТ «Ховар», январи 2020. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Маҳмадулло Абдуллоев роҳбарии ноҳияи Ванҷро зиёда аз 20 сол (тахминан солҳои 1980-ум) ба ҳайси котиби якум бар ӯҳда дошт; таҳти роҳбарии ӯ соли 1984 нахустин корхонаи истеҳсоли санги мармар дар Бадахшон ба кор даромад ва боғдории минтақа (аз ҷумла парвариши чормағз дар мавзеи «Ҷангали Зуго» ва навъҳои гуногуни тут) рушд ёфт.<ref name="fn182">[[Деҳоти Маҳмадулло Абдуллоев|Деҳоти Маҳмадулло Абдуллоев — Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Ба ифтихори ин хидматҳо, ҷамоати марказии ноҳия (собиқ ҷамоати Ванҷ) расман ба номи Маҳмадулло Абдуллоев номгузорӣ шудааст.<ref name="fn183">[[:ru:Махмадулло_Абдуллоев_(джамоат)|Махмадулло Абдуллоев (джамоат) - Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
Ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992–1997 ба ҷомеаи зиёии Ванҷ низ талафоти вазнин овард: тибқи феҳристи қурбониён ва бедарак гумшудагони даврони ҷанг, ашхосе чун Қурбонназар Халифаев (соли таваллуд 1967, муаллим), Қурбон Абдуллоев (соли таваллуд 1938) ва Муҳаммадӣ Назарихудоев (соли таваллуд 1955, мудири шуъбаи комиҷроияи ноҳияи Ҷилликӯл) дар байни бедарак гумшудагону кушташудагони ин давра ёд мешаванд.<ref name="fn186">[https://www.ozodi.org/a/31911429.html Рӯйхат. Номи гуруҳе аз қурбониён ва гумшудаҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
{| class="wikitable"
|+Ҷадвали 8. Намояндагони идоракунии давлатӣ ва ниҳодҳои ҷамъиятӣ аз ноҳияи Ванҷ
!Ному насаб
!Давраи фаъолият
!Вазифа ва саҳми асосӣ
|-
|Маҳмадулло Абдуллоев
|Солҳои 1980-ум
|Роҳбари ноҳия (>20 сол), бунёди корхонаи мармар (1984), рушди боғдории саноатӣ
|-
|Қодири Қосим
|Давраи муосир
|Ходими давлатӣ, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил
|}
=== Варзиш ===
Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ [[Мурувватшо Бачабеков]] (1 майи 1944 – 9 сентябри 2023, деҳаи Баравни ҷамоати Водхуд) – бунёдгузори мактаби муосири гӯштини Ванҷ; солҳои 1972–1994 устоди кафедраи тарбияи ҷисмонии Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) буд.<ref name="fn148">[https://www.bomdod.com/2023/09/12/ustodi-pahlavononi-vanj-muruvvatsho-bachabekov-az-dunyo-raft/ Устоди паҳлавонони Ванҷ Мурувватшо Бачабеков аз дунё рафт] // Бомдод, 12 сентябри 2023. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Маҳмадшариф Сулаймонов (зодаи деҳаи Рованд) – устоди дигари варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ дар гӯштини миллӣ, ки зиёда аз панҷоҳ сол дар майдони паҳлавонӣ фаъолият дорад.<ref name="fn149">Суфраи паҳлавонӣ // Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Носир Хусравов (1958 – 9 январи 2024), хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, мураббии варзидаи гӯштини миллӣ ва самбо буд; ҳамчун мудири мактаби варзишии ноҳияи Ванҷ ва сармураббии дастаи мунтахаби самбои ВМКБ даҳҳо варзишгари сатҳи байналмилалиро тарбия кардааст.<ref name="fn187">[https://www.ozodi.org/a/32767418.html Падари ҷаҳонпаҳлавон Хушқадам Хусравов даргузашт - Радиои Озодӣ]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
Хушқадам Хусравов (таваллуд 1 январи 1993, деҳаи Рохарв), писар ва шогирди Носир Хусравов, дар вазни 62 кг оид ба самбо рақобат мекунад.<ref name="fn188">[[:en:Khushqadam_Khusravov|Khushqadam Khusravov - Wikipedia]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Соли 2013 ӯ қаҳрамони ҷаҳон байни ҷавонон гардид, соли 2014 дар Тошканд қаҳрамони Осиё шуд ва соли 2018 дар Бухарести Руминия унвони қаҳрамони ҷаҳон оид ба самборо ба даст овард.<ref name="fn189">[https://khovar.tj/2015/03/medali-tilloi-hush-1179-adam-husravov-dar-1206-omi-1207-a-1203-onii-sambo/ Медали тиллои Хушқадам Хусравов дар Ҷоми ҷаҳонии самбо | АМИТ "Ховар"]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref><ref name="fn190">[[Хушқадам Хусравов|Хушқадам Хусравов — Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
Дастоварди олимпии таърихиро Сомон Маҳмадбеков (таваллуд 24 марти 1999, Иркутск, Русия) ба даст овард; вай дар хонаводаи тоҷикони муҳоҷир, зодагони ноҳияи Ванҷ (Моёншоҳ Маҳмадбеков ва Ҷамила Парвонаева), ба дунё омадааст. Дар Бозиҳои олимпии Париж (2024) ӯ барандаи медали биринҷӣ дар намуди ҷудо гардид.<ref name="fn191">[https://www.bomdod.com/2024/07/31/nahustin-medali-tojikiston-dar-bozihoi-olimpii-poris-ofarinat-supersomon/ НАХУСТИН МЕДАЛИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПОРИС. ОФАРИНАТ, СУПЕРСОМОН! - Пойгоҳи хабарии "Бомдод"]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
Дар деҳаи Вишхарвак муаллими мактаб Рамазон Синонов барои наҷоти як наврас бо хирси ваҳшӣ дастбагиребон шуда, онро мағлуб кард – ҳодисае, ки дар матбуоти маҳаллӣ ҳамчун намунаи паҳлавонии ғайривaрзишии сокинони Ванҷ инъикос ёфт.<ref name="fn192">[https://www.bomdod.com/2021/10/21/muallimi-pahlavoni-vanji-hirsro-haluk-andohtu-ba-zamin-afkand/ МУАЛЛИМИ ПАҲЛАВОНИ ВАНҶӢ ХИРСРО ҲАЛУК АНДОХТУ БА ЗАМИН АФКАНД]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
{| class="wikitable"
|+Ҷадвали 7. Натиҷаҳои барҷастаи варзишгарони мактаби Ванҷ дар сатҳи байналмилалӣ
!Варзишгар
!Намуди варзиш
!Унвон ва мусобиқа
!Дастовард
|-
|Сомон Маҳмадбеков
|Ҷудо
|Бозиҳои олимпӣ (2024, Париж, Фаронса)
|Медали биринҷӣ
|-
|Хушқадам Хусравов
|Самбо
|Чемпионати ҷаҳон (2018, Бухарест, Руминия)
|Медали тилло
|-
|Хушқадам Хусравов
|Самбо
|Чемпионати Осиё (2014, Тошканд, Ӯзбекистон)
|Медали тилло
|-
|Шакармамад Мирмамадов
|Гӯштингирӣ
|Чемпионати ҷаҳон (2024, Душанбе, Тоҷикистон)
|Медали тилло
|-
|Шакармамад Мирмамадов
|Ҷудо
|Бозиҳои осиёӣ (2018, Ҷакарта, Индонезия)
|Медали биринҷӣ
|-
|Шакармамад Мирмамадов
|Кураш
|Чемпионати Осиё (2024, Теҳрон, Эрон)
|Медали тилло
|}
=== Соҳибкории иҷтимоӣ ва диаспора ===
Абдулбаҳор Мирзоев, зодаи деҳаи Бунайи ҷамоати Ҷовидон, дар доираи солҳои 2019–2021 ҳамчун соҳибкори муваффақ аз пасандозҳои шахсии худ 140 ҳазор сомонӣ барои сохтани пули пиёдагузари замонавӣ болои дарёчаи кӯҳии Бунайоб (тақрибан 35 метр дарозӣ) сарф намуд, ки барои чор нафар сокинони маҳаллии баргашта аз муҳоҷират ҷойи кори муваққатӣ фароҳам овард.<ref name="fn193">[https://migration.tj/%D1%81%D0%BE%D2%B3%D0%B8%D0%B1%D0%BA%D0%BE%D1%80%D3%A3-%D0%B2%D0%B0%D0%BD%D2%B7%D3%A3-%D0%BF%D1%83%D0%BB%D0%B8-%D0%BF%D0%B8%D1%91%D0%B4%D0%B0%D0%B3%D1%83%D0%B7%D0%B0%D1%80-%D0%BC%D0%B5%D1%81%D0%BE/ Соҳибкорӣ Ванҷӣ пули пиёдагузар месозад - Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
Марҳум Эҳсоншо Мунавваров ва Моёншо Маҳмадбеков ҳамчун тоҷирони шинохта дар Федератсияи Русия, ҳамчун мададрасон ва пуштибони иҷтимоии диаспораи тоҷикони ноҳияи Ванҷ дар хориҷ аз кишвар эътироф шудаанд.<ref name="fn194">[https://pressa.tj/so%D2%B3ibkori-muvaffa%D2%9Bi-van%D2%B7%D3%A3-dar-rusiya-darguzasht/ Соҳибкори муваффақи ванҷӣ дар Русия даргузашт - Pressa.tj]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
== Шахсиятҳои маъруф ==
[[Мулло Муҳаммадёри Ванҷӣ]] (машҳур ба Мулло Ёр) – шоири маъруфи мардумии тоҷик, зодаи деҳаи Ғумаяки водии Ванҷ; мероси ӯ то имрӯз дар байни мардуми кӯҳистони тоҷик маҳбубият дорад.<ref name="fn2" />
Раҳим Масов (16 ноябри 1939, деҳаи Мудеҳарви ноҳияи Ванҷ – 21 июни 2018, Душанбе) – таърихшиноси барҷастаи тоҷик, доктори илмҳои таърих, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон; солҳои 1988-2015 директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш.<ref name="fn1442">[https://khovar.tj/rus/2022/11/akademik-rahim-masov-zhizn-posvyashhennaya-otstaivaniyu-natsionalnyh-interesov-tadzhikistana-segodnya-velikomu-uchenomu-ispolnilos-by-83-goda/ Академик Рахим Масов: жизнь, посвящённая отстаиванию национальных интересов Таджикистана] (рус.) // НИАТ «Ховар», 16 ноябри 2022. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn1452">[https://asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/society/20180621/segodnya-v-dushanbe-skonchalsya-akademik-rahim-masov Сегодня в Душанбе скончался академик Рахим Масов] (рус.) // Азия-Плюс, 21 июни 2018. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Ҳайдаршо Пирумшоев (таваллуд 30 декабри 1944, ноҳияи Ванҷ) – таърихшинос, доктори илмҳои таърих, профессор; муаллифи асарҳои ''«Ванҷ»'' (М., 2004), ''«Ванҷи ману ганҷи ман»'' (Душанбе, 2013) ва таҳқиқоти сершумор оид ба таърихи Бадахшону Помир.<ref name="fn1462">[https://asiaplustj.info/tj/node/356410 Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо... 30 декабри соли 2025] // Asia-Plus. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Қодири Қосим (таваллуд 9 апрели 1961, ноҳияи Ванҷ) – ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон.<ref name="fn1472">Председатель Федерации независимых профсоюзов Таджикистана Кодири Косим выдвинут кандидатом в депутаты Маджлиси намояндагон (рус.) // НИАТ «Ховар», январи 2020. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Мурувватшо Бачабеков (1 майи 1944 – 9 сентябри 2023, деҳаи Баравни ҷамоати Водхуд) – устоди варзиши гӯштингирӣ, ки ӯро бунёдгузори мактаби муосири гӯштини Ванҷ медонанд; солҳои 1972-1994 устоди кафедраи тарбияи ҷисмонии Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) буд.<ref name="fn1482">Устоди паҳлавонони Ванҷ Мурувватшо Бачабеков аз дунё рафт // Бомдод, 12 сентябри 2023. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Маҳмадшариф Сулаймонов (зодаи деҳаи Рованд) – устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ дар гӯштини миллӣ, ки зиёда аз панҷоҳ сол дар майдони паҳлавонӣ фаъолият дорад.<ref name="fn1492">Суфраи паҳлавонӣ // Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Ҳукумат ==
Сарвари ноҳияи Ванҷ Раиси ноҳия аст, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мегардад.<ref name="fn3" /> Ниҳоди намояндагии ноҳия – Маҷлиси вакилони халқ мебошад, ки аз тарафи мардуми ноҳия ба муддати 5 сол интихоб мешавад. Маълумоти расмӣ дар бораи ноҳия дар сомонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (badakhshon.tj) ҷой дода шудааст.<ref name="fn3" />
Раисони ноҳия дар тӯли фаъолияти маъмурии он борҳо иваз шудаанд; барои мисол, 17 ноябри соли 2021 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷабори Қосим аз мансаби раиси ноҳияи Ванҷ озод карда шуда, ба ҷои ӯ Мардзода Одинашо Миршаб ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия таъин гардид.<ref name="fn1502">[https://sputnik.tj/20211117/barkanori-jabbori-qosim-nazarshozoda-vanj-roshtqala-1043601608.html Раисони Ванҷу Роштқалъа барканор шуданд: раҳбарони нав киянд?] // Sputnik Тоҷикистон, 17 ноябри 2021. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Эзоҳ ==
{{Reflist|30em}}
== Манобеъ ==
* Андреев М. С. Выработка железа в долине Ванча (верховья Аму-Дарьи). – Ташкент, 1926.
* Бубнова М. А. Горно-Бадахшанская автономная область. Западный Памир (памятники каменного века – XX в.). – Душанбе, 2008. – (Археологическая карта Таджикистана).
* Бурхан-уд-Дин-хан Кушкеки. Путеводитель по Каттагану и Бадахшану. – Ташкент, 1926.
* Гулшанӣ. Таърихи ҳумоюн. – Душанбе, 2006.
* Искандаров Б. И. Восточная Бухара и Памир во второй половине XIX в. Ч. 1-2. – Душанбе, 1962-1963.
* Камалиддинов Ш. С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX – начала XIII вв. – Ташкент, 1996.
* Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). – Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893.
* Лашкарбеков Б. Б. Старованджский язык (vanǰivor) // Основы иранского языкознания: Среднеиранские и новоиранские языки / под ред. В. А. Ефимова. – М.: Восточная литература, 2008. – С. 61-109.
* Масов Р. М. К истории Ванчской долины // Мероси ниёгон. – Душанбе, 1999. – № 4. – С. 20-30.
* Мушкетов Д. И. Рохаръ (Кала-и-Ванчъ). – Петроградъ: Типографія М. М. Стасюлевича, 1916. – (Отдѣльный оттискъ изъ тома LII (1916 г.) Извѣстій Императорскаго Русскаго Географическаго Общества № 876).
* Пирумшоев Ҳ. Ванҷ. – М., 2004.
* Пирумшоев Ҳ., Зафаров А. Ванҷи ману ганҷи ман (очерки таърихӣ). – Душанбе, 2013.
* Постников А. В. Схватка на «Крыше Мира»: политики, разведчики и географы в борьбе за Памир в XIX веке. – М.: Памятники исторической мысли, 2001. – ISBN 5-88451-100-0.
* Розенфельд А. З. Ванджские говоры таджикского языка / ЛГУ им. А. А. Жданова. – Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. – 151 с.
* Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. – М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903.
* Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. – Душанбе: СИЭМТ, 2013.
* Эдельман Д. И. Язгулямский язык. – М.: Наука, 1966.
* Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. – М.: Наука (ГРВЛ), 1975. – С. 41-62.
* Языки мира: Иранские языки. III. Восточноиранские языки. – М.: Индрик, 2000.
* Moseley Chr. (ed.) Atlas of the World's Languages in Danger. – 3rd ed. – Paris: UNESCO Publishing, 2010.
* Paul D., Abbess E., Müller K., Tiessen C., Tiessen G. Language Access and Tajik Language Proficiency among the Yazghulami of Tajikistan. – SIL International, 2010.
== Пайвандҳо ==
* [https://www.vanjiman.com/ Сомонаи vanjiman.com]
* [https://vanj.info/ Торнамои Ванҷ (vanj.info)]
* [http://badakhshon.tj/?page_id=11224 Саҳифаи ноҳияи Ванҷ дар сомонаи расмии ВМКБ]
* [[c:Category:Vanj_District|Парвандаҳо дар Викианбор (Vanj District)]]
{{тоҷикистон-ҷуғ-нопурра}}
{{Тақсимоти маъмурии ВМКБ}}
{{Ноҳияи_Ванҷ}}
[[Гурӯҳ:Ноҳияҳои Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]]
[[Гурӯҳ:Ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]]
[[Гурӯҳ:Ноҳияи Ванҷ]]
s3mpew712z416f3usw2mrlti3ju302c
1482031
1482030
2026-07-26T02:20:11Z

Лаҳҷаи миёнаи Ванҷ (вахиёиву-ванҷӣ) аз деҳаи Бунай то деҳаҳои Доршир (дар соҳили рост) ва Гуҷовас (дар соҳили чап), то деҳаи болотарини водӣ – Поймазор – паҳн аст. Сокинони ин минтақаро ''«вахёчиён»'' меноманд, зеро аксарашон муҳоҷироне мебошанд, ки аз водии Ваҳиёи Боло ба ин ҷо кӯчидаанд. Барои ин лаҳҷа мавҷудияти ҳамсадоҳои болофаринголии ''«ҳ»'' ва ''«айн»'', истифодаи пасванди ''«-ak»'' дар шахси саввуми танҳои замони гузашта (''«umadastak»'' – ''«ӯ омад»''), калимаи ''«oča»'' ба маънои ''«модар»'' (ба ҷои ''«muma»''-и роиҷ дар дигар лаҳҷаҳои ванҷӣ) ва номи ''«ruzan»'' барои равзанаи дуд хос аст; ин лаҳҷа аз рӯи аломатҳои зикршуда ба лаҳҷаи ваҳиёиву-дарвозӣ наздик мешавад.<ref name="fn1542">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §57, саҳ. 12.</ref>
Лаҳҷаи болои Ванҷ аз деҳаи Доршир то сарчашмаҳои дарёи Ванҷ – дар деҳаҳои Сетарғ, Мурғутга, Ван-Вани Боло ва Поён (соҳили рост) ва Гуҷовас, Гумаст, Рованд, Гармчашма, Сунгад (соҳили чап) – паҳн аст. Сокинони ин минтақа худро ''«ванҷиҳо»'' ё ''«ванҷиёни туптӣ»'' (яъне бумӣ) меноманд ва маҳз дар ҳамин лаҳҷа лексикаи бештар архаистӣ, аз ҷумла боқимондаҳои алоҳидаи забони куҳани ванҷӣ, то имрӯз нигоҳ дошта шудааст.<ref name="fn1552">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §58, саҳ. 12--13.</ref> Хусусияти муҳимтарини лаҳҷаи болои Ванҷ дар он аст, ки зарраи ''«ме-»'' дар аввали шакли феълӣ боқӣ мемонад ва ба охири он нагузашта; маҳз бо ҳамин аломат, ин лаҳҷа аз ҳамаи дигар гӯишҳои дарвозиву-ванҷӣ фарқ мекунад.<ref name="fn1572" />
Аз лиҳози овоӣ (фонетикӣ), гӯишҳои ванҷӣ бо паҳншавии васеи фонемаи ''«ə»'' (ки ба садонокҳои кӯтоҳи забони адабӣ рост меояд) ва мулоимшавии садоноки ''«ӯ»'' тавсиф мешаванд.<ref name="fn159">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §1--3, саҳ. 5--6.</ref> Далели дигари куҳансолии ин гӯишҳо паҳншавии васеи фонемаи ''«ж»'' аст, ки дар забони адабии тоҷикӣ танҳо дар се-чор калима боқӣ мондааст, ҳол он ки дар гӯишҳои ванҷӣ гурӯҳи назарраси калимаҳо бо ин ҳамсадо сабт шудаанд (масалан, ''«жег»'' – якрав, ''«жовидан»'' – ҷавидан).<ref name="fn160">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §15, саҳ. 6--7.</ref> Афтодани ҳамсадои ''«д»'' дар миёни калима, ки хоси гӯишҳои дарвозиву-ванҷист, ба сохти флексияи феълӣ низ таъсир расонидааст: дар замони гузашта шахси саввуми танҳо флексияи ''«-и»''-ро мегирад (масалан, ''«babori»'' – ''«борид»''), шахси саввуми ҷамъ бошад – флексияи ''«-ин»''.<ref name="fn161">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §11.</ref>
Дар морфология, ҷамъбандии исм тавассути пасвандҳои ''«-о»'' (умумӣ), ''«-ун»'' (барои исмҳои ҷондор) ва ''«-гала»'' (барои гурӯҳи одамон) сурат мегирад.<ref name="fn1622">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §17.</ref>
Лексикаи гӯишҳои ванҷӣ, нисбат ба гӯишҳои дарвозӣ низ, дараҷаи баландтари архаизмро нишон медиҳад: дар он калимаҳое нигоҳ дошта шудаанд, ки дар забонҳои адабии тоҷикӣ ва форсӣ дигар истифода намешаванд, вале дар ашъори Фирдавсӣ ё дар фарҳангҳои қадимӣ сабт гардидаанд (масалан, ''«кӯп»'' ба маънои ''«санг»'', ''«харсанг»'').<ref name="fn163">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §48.</ref> Илова бар қабати калони калимаҳои помирӣ, дар гӯишҳои ванҷӣ гурӯҳи калимаҳое низ ба назар мерасанд, ки бо забони яғнобӣ ва ҳатто бо забони бостонии осетинӣ (аз шохаи шимолии забонҳои эронӣ) муштараканд.<ref name="fn164" /> Дар ''«Феҳристи калимаҳои куҳани ванҷӣ»'', ки ҳамчун замима ба монография пайваст шудааст, Розенфелд бар пояи таҳлили лексикӣ ва фонетикӣ ба хулосае мерасад, ки забони куҳани ванҷӣ ба гурӯҳи шуғнонию рӯшонии забонҳои помирӣ тааллуқ доштааст.<ref name="fn165">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- Замимаи «Феҳристи калимаҳои куҳани ванҷӣ».</ref>
Бархе донишмандони рус, монанди И. И. Зарубин, А. З. Розенфелд ва дигарон, назарияеро дар бораи вуҷуди куҳанзабони ванҷӣ (русӣ: старованджский язык) ироя кардаанд, ки тибқи он ин забон тақрибан дусад сол пеш аз байн рафта, гӯиши кунунии ванҷӣ ҷойгузинаш шудааст. И. И. Зарубин дар ин маврид мегӯяд:
"Забони куҳнаи ванҷӣ дар водии Ванҷ (шохоби рости Панҷ) ва саргуломӣ дар болооби дарёи Саргулом, дар шарқи вилояти Файзободи Афғонистон ривоҷ дошт. Тақрибан дусад сол пеш лаҳҷаҳои тоҷикӣ ҷои онҳоро гирифтанд".
Забоншинос Т. Н. Пахалина дар баррасии муқоисавии забонҳои помирӣ, забони ванҷиро дар силсилаи забонҳои помирӣ чунин ҷой додааст:
''«Ванджский язык, известный в настоящее время по небольшому количеству слов, зафиксированных в 1924 г. И. И. Зарубиным [6], а позднее — А. З. Розенфельд [28; 29] (в прошлом был распространен в долине Ванджа — правого притока Пянджа).»''
Тарҷума: ''«Забони ванҷӣ, ки имрӯз танҳо бо шумораи ками вожаҳо маълум аст ва соли 1924 аз ҷониби И. И. Зарубин ва баъдтар аз ҷониби А. З. Розенфелд сабт шудааст (дар гузашта дар водии Ванҷ — шохоби рости Панҷ — роиҷ буд).»''.<ref name="fn90">Пахалина Т. Н. Сравнительный обзор памирских языков // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 222.</ref>
Шаҳодати дигаре дар бораи фарҷоми ин забон дар мақолаи Т. Г. Абаева дар бораи пажӯҳишҳои А. В. Станишевский омадааст:
''«Укором в адрес лингвистов звучало сообщение о том, что в долине Ванча недавно умерли последние старики, владевшие ванчским языком.»''
Тарҷума: ''«Хабаре барои забоншиносон ҳамчун сарзаниш садо дод ва он ҳам дар бораи он, ки дар водии Ванҷ, ба наздикӣ пиронсолони охироне, ки забони куҳнаванҷиро медонистанд, аз дунё гузаштанд.»''.<ref name="fn91">Абаева Т. Г. Исследования А. В. Станишевского (Азиза Ниалло) о Памире // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 290.</ref>
Забони язғуломӣ, ки дар шаш деҳаи ҷамоати Язғулом ба кор меравад, забони бехат аст ва шумораи гӯяндагонаш тақрибан 3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад; аксари язғуломиён дузабонаанд ва забони тоҷикиро низ медонанд.<ref name="fn92" /><ref name="fn93">[https://old.bigenc.ru/linguistics/text/4924529 Язгулямский язык] (рус.) // Большая российская энциклопедия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Таҳқиқи бунёдии ин забон ба қалами эроншиноси маъруф Д. И. Эделман тааллуқ дорад, ки соли 1966 дар [[Маскав]] монографияи ''«Забони язғуломӣ»''-ро ба табъ расонидааст.<ref name="fn94">Эдельман Д. И. Язгулямский язык. --- М.: Наука, 1966.</ref> Пас аз муҳоҷирати соли 1954 бахше аз язғуломизабонон дар ноҳияи Куйбишеви водии Вахш низ сокин шуданд ва забони язғуломӣ то кунун дар он ҷо низ ба кор меравад.<ref name="fn60" />
Дар ''«Атласи забонҳои дар хатар қарордоштаи ҷаҳон»''-и ЮНЕСКО (таҳти таҳрири Кристофер Мозли, соли 2010), забони язғуломӣ ба зумраи забонҳои осебпазир (Vulnerable) дохил гардидааст.<ref name="fn95">Moseley Chr. (ed.) Atlas of the World\\\'s Languages in Danger. --- 3rd ed. --- Paris: UNESCO Publishing, 2010.</ref> Тибқи ҳамин Атлас, аз 15 забони дар хатар қарордоштаи Осиёи Марказӣ, 11-тояш дар Тоҷикистон, бештараш дар ҳудуди ВМКБ, роиҷ аст.<ref name="fn96">[https://old.asiaplustj.info/en/news/tajikistan/society/20170629/unesco-publishes-atlas-of-the-worlds-languages-in-danger UNESCO publishes atlas of the world\\\'s languages in danger] (англ.) // Тоҷикистон Ньюз Азия-Плюс, 29 июни 2017. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Пажӯҳиши ҷомеашиносии забонии Д. Пол, Э. Аббесс, К. Мюллер, К. Тиссен ва Г. Тиссен нишон медиҳад, ки муносибати сокинони водии Язғулом ба ҳарду забон – язғуломӣ ва тоҷикӣ – мусбат аст: забони модарӣ дар зиндагии рӯзмарра пурқувват боқӣ монда, ҳеҷ нишонае аз ҷойивазкунии он бо забони тоҷикӣ мушоҳида намешавад, ҳарчанд забони тоҷикиро низ дар баъзе ҳавзаҳо муфид медонанд.<ref name="fn97">Paul D., Abbess E., Müller K., Tiessen C., Tiessen G. Language Access and Tajik Language Proficiency among the Yazghulami of Tajikistan. --- SIL International, 2010.</ref> Дар пойгоҳи байналмилалии таснифи забонҳо ''«Глоттолог»'' забони куҳани ванҷӣ бо рамзи ''«oldw1238»'' ва забони язғуломӣ бо рамзи ''«yazg1240»'' сабт шудаанд.<ref name="fn98">Glottolog 5.0, коди «oldw1238» (забони куҳани ванҷӣ) ва «yazg1240» (забони язғуломӣ).</ref>
== Бахшбандӣ ==
Бар асоси Қонуни тақсимоти маъмурию ҳудудии кишвар, ноҳияи Ванҷ аз 1 шаҳрак (Ванҷ) ва 6 ҷамоат иборат аст:<ref name="fn99">Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. --- Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013. --- 332 с.</ref>
{| class="wikitable"
|+Ҷадвали 5. Ҷамоатҳои ноҳияи Ванҷ
!Ҷамоат
!Аҳолӣ (нафар)
!Деҳаҳо
|-
|ба номи Маҳмадулло Абдуллоев
|10 983
|Бичхарв, Бодалд, Ускроғ, Роғ, Дашти Роғ, Панҷшанбеобод, Убари Даргов, Рохарв, Гушхун, Ғумаяк, Бовуд, Одешт, Ҷангали Зуго
|-
|Водхуд
|2178
|Пшихарв, Даштак, Лугад, Бунига, Узбай, Лахш, Баравн, Баравни Таг, Баравни Тор, Ваҳдат, Вравз
|-
|Ҷовидон
|4201
|Бунай, Рав, Жовуд, Потов, Арнавад, Убго
|-
|Рованд
|5573
|Ширговад, Ғиҷоваст, Мудеҳарв, Вишхарвак, Старғ, Ғӯмас, Мурғутга, Рованд, Гармчашма, Ван-Ван, Сунгад, Поймазор
|-
|Техарв
|3401
|Гич, Садвадг, Сед, Шаврӯ, Техарв, Чихох, Удоб, Равгада
|-
|Язғулом
|6065
|Мотравн, Вишхарв, Будун, Шавуд, Андарбоғ, Жамаг
|}
Дар санадҳои расмии солҳои охир ҷамоати марказии ноҳия бо номи ''«деҳоти Маҳмадулло Абдуллоев»'' зикр мегардад.<ref name="fn4" />
Барои муқоиса, тибқи гузориши капитан Кузнецов, дар соли 1892 бекигарии Дарвоз (ки Ванҷ ҷузъи он буд) ба 11 амлокдорӣ тақсим мешуд:
''«Въ административномъ отношеніи Дарвозское бекство дѣлится на 11 амилякдарствъ: Чиль-Даринское, Тавиль-Даринское, Сагри-Даштское, Кала-и-Хумбское, Шикайское, Куфское, Хагонское, Май-Майское, Джумарчское, Ванчское, Вахія-болё и два особыхъ отдѣла–Язгулемскій и Тангъ-Шивскій.»''
Тарҷума: ''«Аз ҷиҳати маъмурӣ, бекигарии Дарвоз ба 11 амлокдорӣ тақсим мешавад: Чилдарин, Тавилдарин, Сағридашт, Қалъаи Хумб, Шикай, Куф, Ҳагон (Деҳхагон), Моймай, Ҷумарҷ, Ванҷ, Вахиёи Боло ва ду шӯъбаи алоҳида — Язғулом ва Тангшив»''.<ref name="fn100">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 68.</ref>
Аз ин тақсимот бармеояд, ки Ванҷ дар соли 1892 аллакай ҳамчун амлокдории алоҳида, ва Язғулом ҳамчун шӯъбаи ниммустақилу ба таври алоҳида идорашаванда фарқ карда мешуданд — падидае, ки то андозае бо бахшбандии имрӯзаи ноҳия, ки дар он Язғулом ҷамоати алоҳида аст, монандӣ дорад.
Тақрибан ҳаштод сол пас аз гузориши Кузнецов, забоншинос Д. И. Эделман, бар пояи маводи саҳроии худ ва пажӯҳиши А. З. Розенфелд, рӯйхати муфассали рустоҳои Ванҷро чунин овардааст:
''«Население Ванджа ныне говорит по-таджикски, хотя сравнительно недавно здесь еще бытовал ванджский язык, принадлежавший к памирской группе языков. Названия кишлаков по течению Пянджа: Даштак, Узбай, Лахш, Варавз, Лангарак, Бараун, Водхуд; по Ванджу: Бич-харвак, Рог, Лангар, Гишхун, Рохарв (официально Ванч), Гумаяк, Одешт, Бунай, Потоу, Жовид, Чихох, Сед, Техарв, Гуджовас, Ширговат, Доршир, Гумаст, Сетарг, Рованд, Мургытга, Сунгад, Ван-Ван, Поймазор.»''
Тарҷума: ''«Аҳолии Ванҷ имрӯз бо забони тоҷикӣ гуфтугӯ мекунад, ҳарчанд то ба ҳамин наздикӣ, дар ин ҷо, ҳанӯз, забони куҳнванҷӣ роиҷ буд, ки ба гурӯҳи забонҳои помирӣ тааллуқ дошт. Номҳои рустоҳо дар масири Панҷ: Даштак, Взбай, Лахш, Вароваз, Лангарак, Баравн, Водхуд; дар масири Ванҷ: Бичхарвак, Роғ, Лангар, Гишхун, Рохарв (расман Ванҷ), Ғумаяк, Одешт, Бунай, Потов, Жовид, Чхох, Сед, Техарв, Ғҷовас, Шрговад, Дуршер, Ғӯмас, Старғ, Рованд, Мурғтга, Смгад, Ван-Ван, Поймазор.»''.<ref name="fn101">Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 50.</ref>
== Хоҷагидорӣ ==
Соҳаҳои асосии хоҷагидории ноҳия ғаллакорӣ, чорводорӣ, боғдорӣ ва сабзавоткорист; дар замони шӯравӣ тамокукорӣ низ соҳаи асосӣ буд. Соли 1939 дар тамоми ВМКБ 123 колхоз мавҷуд буд, аз ҷумла дар Ванҷ 30 колхоз таъсис дода буданд.
Водии Водхуд аз қадим бо ҳосилхезии замин ва фаровонии тути худ ном баровардааст: захираи ғалла ва меваи хушки ин мавзеъ (тут, зардолу, себ) на танҳо сокинони маҳаллӣ, балки деҳоти камзамини ҳамсояро низ аз танқисӣ мераҳонд ва ибораи мардумии ''«тути Водхуд пухт, имсол ҳам ҷон ба саломат бурдем»'' аз ҳамин воқеият бармеояд.<ref name="fn2" />
Дар ноҳия 53 хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд аст. Майдони умумии заминҳои хоҷагӣ 14 417 гектар аст, аз ҷумла заминҳои корам – 1381 гектар (2012), чарогоҳҳо – 1219 гектар, боғҳо – 734 гектар. Тибқи омори соли 2012 дар ноҳияи Ванҷ 2478 тонна ғалла, 1924 тонна гӯшт, 1 млн дона тухм, 3742 тонна шир, 157 тонна чормағз, 6353 тонна сабзавот ва 11 295 тонна картошка ба даст омад. Бар асоси омори соли 2011, шумораи чорво дар хоҷагиҳо чунин буд: гов – 15 234 сар, гӯсфанду буз – 32 498 сар.
Дар давоми даҳсолаи охир сохтори хоҷагидории ноҳия ба таври куллӣ дигаргун шуд: ба ҷои 53 хоҷагии деҳқонии соли 2012, имрӯз 14 ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ 120 хоҷагии инфиродиро бо фарогирии 3217 саҳмдор муттаҳид месозад.<ref name="fn102">Ванҷ. Рушди соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Майдони умумии заминҳои корам ба 2601 гектар расидааст, ки аз он бештар аз 1080 гектарро боғҳои мевадиҳанда ташкил медиҳанд; танҳо дар бист соли охир 282 гектар замини нав аз худ карда шудааст.<ref name="fn103">[https://khovar.tj/2025/11/dar-no-iyai-van-so-ai-bo-parvar-rushd-meyobad/ Дар ноҳияи Ванҷ соҳаи боғпарварӣ рушд меёбад] // АМИТ «Ховар», 18 ноябри 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Тибқи таҳлилҳои муқоисавӣ, дар зарфи се даҳсолаи охир истеҳсоли ғалладонагиҳо тақрибан 6 баробар, картошка 8 баробар, сабзавот 16 баробар ва мева 42 баробар афзудааст.<ref name="fn104">Ванҷ. Ҷашни истиқлол мондагор хоҳад буд // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Танҳо то охири моҳи октябри соли 2025 аз боғоти ноҳия 2205 тонна меваи тару тозаву хушк ба бозорҳои хориҷӣ ва шаҳрҳои калони ҷумҳурӣ содирот гардид,<ref name="fn103" /> ва моҳи августи соли 2023 кишоварзони ноҳия дар ярмаркаи Боғи ''«Куруши Кабир»''-и Душанбе зиёда аз 13 тонна маҳсулоти тару тоза ба сокинони пойтахт пешниҳод карданд.<ref name="fn105">Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби кишоварзони ноҳияи Ванҷ // АМИТ «Ховар», августи 2023. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Аз соли 2009, вақте ки дар ноҳия аввалин ду гармхонаи намунавӣ ба кор дароварда шуданд,<ref name="fn106">Дар Ванҷ гармхонаҳо ба кор даромаданд // АМИТ «Ховар», августи 2009. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> технологияи гармхонагӣ дар қисматҳои поёнии ноҳия паҳн шудааст. Дар давраи охир, дар ҳамкорӣ бо мутахассисони минтақаи илмӣ-таҷрибавии ''«Ҷангали Зуго»''-и Институти биологии Помир, соҳибкор Ҳайдар Фаёзов аз деҳаи Гишхун дар ноҳия парвариши озмоишии лимӯ ва дигар меваҳои ситрусиро оғоз кард – навъе, ки то ҳол дар ВМКБ танҳо хоси баъзе минтақаҳои ноҳияи Дарвоз буд.<ref name="fn107">Ванҷ. Авлавият ба рушди лимӯпарварӣ // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Чорводорӣ ва занбӯриасалпарварӣ ===
Дар муқоиса бо давраи пеш аз истиқлол, дар ноҳия саршумори чорвои калону майда дар маҷмуъ 2 баробар, истеҳсоли гӯшт 4 баробар ва истеҳсоли тухм 31 баробар афзудааст.<ref name="fn104" /> Тибқи омори соли 2023, саршумори чорвои калони шохдор ба 17 135 сар (нисбат ба 15 234 сар дар соли 2011) ва моли майда (гӯсфанду буз) ба 41 000 сар (нисбат ба 32 498 сар) расидааст; ҳамчунин дар хоҷагиҳои ноҳия 41 350 сари парранда ва 1082 оилаи занбӯри асал ба қайд гирифта шудааст.<ref name="fn104" /><ref name="fn102" /> Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди занбӯриасалпарвариро яке аз воситаҳои пасткунандаи камбизоатӣ ва таъминкунандаи шуғли деҳот муайян кардааст.
Сарватҳои зеризаминии ноҳия: пахтасанги кӯҳӣ (асбест), молибден, мармар ва ғайра; инчунин конҳои никел, оҳансанг ва оҳак мавҷуданд.
=== Муҳоҷирати меҳнатӣ ===
Мисли аксари минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон, иқтисодиёти хонаводаҳои Ванҷ ба таври назаррас аз муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳаволапулиҳо вобаста аст. Тибқи арзёбии [[Бонки Ҷаҳонӣ]] аз моҳи ноябри соли 2025, ҳаволапулиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ беш аз 30 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд ва, гарчанде вобастагӣ ба ин маблағҳо сатҳи камбизоатиро коҳиш додааст, нобаробарии даромад (нишондиҳандаи Гини) аз 32 то 38 дар байни солҳои 2021 ва 2023 афзудааст; ВМКБ дар қатори минтақаҳое зикр шудааст, ки бо маҳдудиятҳои шадиди ҷуғрофиву иқлимӣ рӯбарӯянд.<ref name="fn108">[https://www.worldbank.org/en/country/tajikistan/publication/poverty-and-equity-assessment Tajikistan Poverty and Equity Assessment] (англ.) // Бонки Ҷаҳонӣ, 22 сентябри 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Пажӯҳиши умумимиллии соҳаи тандурустӣ доир ба муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон нишон додааст, ки дар байни панҷ минтақаи кишвар (Душанбе, ВМКБ, Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ), ҳиссаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар аҳолии ВМКБ (49,59 фоиз аз намунаи пажӯҳишӣ) назар ба дигар минтақаҳо (камтар аз 32 фоиз) хеле баландтар будааст.<ref name="fn109">[https://pmc.ncbi.nlm.nih.gov/articles/PMC11679146/ Inclusion of Labor Migrants as a Potential Key Population for HIV: A Nationwide Study from Tajikistan] (англ.) // PMC/NCBI. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар маҷмуи умумимиллӣ, беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон ҳарсола барои кор ба Русия мераванд; ҳаволапулиҳо дар соли 2013 қариб нисфи маҷмуи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медоданд, ки то соли 2018 ба тақрибан 30 фоиз (2,2 миллиард доллари ИМА) коҳиш ёфт.<ref name="fn110">[https://www.migrationpolicy.org/article/dependent-remittances-tajikistan-prospects-dim-economic-growth Dependent on Remittances, Tajikistan\\\'s Long-Term Prospects for Economic Growth and Poverty Reduction Remain Dim] (англ.) // Migration Policy Institute. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Саноат ===
Дар ноҳия корхонаҳои хурди саноатӣ – сехи чӯҷабарорӣ, заводи хишти ''«Лугад»'', ҶДММ ''«Хрустал»'' – фаъолият доранд. Дар Ванҷ бозорҳои марказӣ ва марзӣ низ амал мекунанд.
25 июни соли 2025 дар ноҳия корхонаи истеҳсоли калсит, коркарди мармар ва сангҳои ороишии ҶСК ''«Мармар Стоун»'' ба кор шурӯъ кард, ки иқтидори солонаи он 40 ҳазор тонна маҳсулот буда, 40 сокини маҳаллиро бо ҷои кори доимӣ таъмин намудааст. Корхона чор хатти истеҳсолӣ дорад ва дар он беш аз 20 навъи санги табиӣ коркард мешавад; иқтидори истеҳсоли тахтасангҳои ороишӣ (мозаика) 10 ҳазор м³ ва коркарди санги мармар 160 ҳазор м³ дар як солро ташкил медиҳад.<ref name="fn111">[https://asiaplustj.info/tj/node/350189 Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ аз Ванҷ оғоз шуд. Президент дар ин ноҳия кадом иншоотро ба истифода дод?] // Asia-Plus, 25 июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn112">Ифтитоҳи корхонаҳои истеҳсоли калсит, коркарди мармар ва сангҳои ороишии ҶСК «Мармар Стоун» дар ноҳияи Ванҷ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
Дар ҳамон рӯз Парки саноатии ноҳия мавриди истифода қарор гирифт, ки дар масоҳати 788 м² ҷойгир буда, 6 корхонаи хурди истеҳсолиро фаро мегирад: истеҳсоли макарон, бандубасти маҳсулоти лӯбиёгӣ, коркарди равғани чормағз, коркард ва бандубасти меваи хушк, истеҳсоли собун ва дару тирезаҳои пластикӣ. Фаъолияти парк дар маҷмуъ 36 сокини маҳаллиро бо кор таъмин мекунад.<ref name="fn111" /><ref name="fn113">Ифтитоҳи Парки саноатии ноҳияи Ванҷ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
Дар доираи ҳамин парк, инчунин корхонаи коркарди равғани ангат (Hippophae rhamnoides) – растании шифобахши худрӯй, ки дар қад-қади дарёҳои ноҳия фаровон мерӯяд – ба кор шурӯъ кардааст; иқтидори он то 500 килограмм равғани холис дар як сол буда, аз ин ашё то 12 навъи маҳсулоти фармасевтию косметологӣ омода карда мешавад.<ref name="fn114">Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ // Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ, июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Пеш аз таъсиси ин корхона, дар деҳаи Ғуҷоваст соҳибкорзан Васила Ғафурова коргоҳи хурди коркарди ангатро таъсис дода буд, ки маводи он берун аз ноҳия низ харидор пайдо кардааст.<ref name="fn111" /> Барои дастгирии соҳибкории хурду миёна дар солҳои 2018-2019 ба соҳибкорони ноҳия зиёда аз 6,5 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шудааст.<ref name="fn115">Сафарҳои дохилӣ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Энергетика ===
Дар Ванҷ чандин неругоҳи хурди барқи обӣ (НБО) фаъолият мекунад. Аз ҷумла, НБО-и ''«Техарв»'' дар дарёи Ванҷ бо иқтидори 400 кВт таҷдид гардида, ба шабакаи ягонаи барқи кишвар пайваст карда шудааст; НБО-и ''«Андарбак»'' дар водии Язғулом ба шабакаи ширкати ''«Помир Энерҷӣ»'' пайваст аст.<ref name="fn116">[http://www.cawater-info.net/best-practices/ru/base/marker/21 Реконструкция МГЭС Техарв на реке Ванч мощностью 400 кВт в Ванчском районе Горно-Бадахшанской автономной области] (рус.) // CAWater-Info. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Таҳлилҳои соли 2021 нишон дода буданд, ки шабакаҳои барқии ноҳия ҳамагӣ 2,6 мегаватт барқ истеҳсол мекунанд, дар ҳоле ки барои фаъолияти пуриқтидори корхонаҳои нави саноати кӯҳӣ (ба мисли ''«Мармар Стоун»'') беш аз 5,6 мегаватт лозим буд.<ref name="fn117">Имсол дар Ванҷ дар 15 гектар боғи нав бунёд карда шуд // АМИТ «Ховар», июли 2021. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Моҳи июни соли 2025 хатти интиқоли барқи дузанҷираи 35 ва 110-киловолтаи Хоруғ-Рӯшон бо дарозии 67,5 км ва зеристгоҳи ''«Ҷангал»'' ба маблағи умумии 114 миллион сомонӣ ба истифода дода шуд, ки интиқоли муназзами неруи барқро ба ноҳияҳои Рӯшон, Ванҷ ва Дарвоз ба маротиб беҳтар мегардонад; ҳамзамон сохтмони хатти 42-километраи интиқоли барқи 110-киловолта аз маркази ноҳияи Рӯшон то зеристгоҳи ''«Вознавд»'' оғоз ёфт, ки ба истифода додани он дар нимсолаи аввали соли 2026 пешбинӣ шудааст.<ref name="fn118">[https://khovar.tj/2025/06/suhanronii-prezidenti-um-urii-to-ikiston-peshvoi-millat-emomal-ra-mon-dar-mulo-ot-bo-ro-baron-va-faoloni-viloyati-muhtori-k-istoni-badahshon/ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон] // АМИТ «Ховар», июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Нақлиёт ===
Нақлиёти ноҳия асосан автомобилист; як фурудгоҳи хурд ҳам дар шаҳраки Ванҷ (Рохарв) вуҷуд дорад. Қаламрави ғарбии ноҳия дар масири шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Мурғоб-Қулма қарор дорад; лоиҳаи таъмиру таҷдиди қитъаи ин шоҳроҳ аз Қалъаихумб то Ванҷ ва сарҳади ноҳияи Рӯшон арзиши умумии 2,5 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки то имрӯз корҳо ба маблағи 900 миллион сомонӣ анҷом ёфтаанд.<ref name="fn119">Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ванҷ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> 25 июни соли 2025 роҳи мошингарди маркази ноҳия то нуқтаи пайвастшавӣ ба ин шоҳроҳ, иборат аз ду хатти ҳаракат бо дарозии умумии 16 км, пас аз таҷдид ба истифода дода шуд; дар дарозои роҳ истгоҳҳои нақлиётӣ ва гузаргоҳҳо барои пиёдагардон бунёд гардидаанд.<ref name="fn111" /><ref name="fn120">Ифтитоҳи роҳи маркази ноҳияи Ванҷ то нуқтаи пайвастшавӣ ба шоҳроҳи Душанбе--Кулма // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
23 июни соли 2025 ширкати ҳавопаймоии ''«Тоҷик Эйр»'' пас аз ёздаҳ соли танаффус (парвози охирин соли 2014 сурат гирифта буд) хатсайри ҳавоии Душанбе-Ванҷ-Душанберо аз нав кушод: парвози нахустин бо 15 мусофир анҷом ёфт. Парвоз дар ин масир 50 дақиқа тӯл кашида, тибқи ҷадвал ҳафтае як маротиба, рӯзҳои ҷумъа, бо ҳавопаймои Ан-28 иҷро мешавад ва нархи чипта дар як самт 750 сомонӣ муайян гардидааст.<ref name="fn121">[https://asiaplustj.info/tj/node/350087 Оғози парвози ҳавопаймоӣ миёни Душанбе ва Ванҷ. Аввалин парвоз кай ва нархи чипта чанд аст?] // Asia-Plus, июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn122">[https://asiaplustj.info/tj/node/350121 Пас аз 11 сол. Аввалин парвози ҳавопаймо дар масири Душанбе-Ванҷ-Душанбе анҷом ёфт] // Asia-Plus, 23 июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар доираи татбиқи ''«Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»'' (қабулшуда 28 июни соли 2024), 24 феврали соли 2026 дар шафати роҳҳои мошингарди ноҳияи Ванҷ беш аз 2000 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва сояафкану мевадиҳанда шинонида шуд.<ref name="fn123">[https://khovar.tj/2026/02/daraht-binshon-dar-shafati-ro-oi-moshingardi-van-besh-az-2000-beh-ni-ol-shinonida-shud/ ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳҳои мошингарди Ванҷ беш аз 2000 бех ниҳол шинонида шуд] // АМИТ «Ховар», 24 феврали 2026. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Фарҳангу маориф ==
Пеш аз инқилоб аҳолии маҳаллии Ванҷ дар масҷидҳо ва хонаҳои муллоён хатту савод меомӯхтанд ва на ҳама ақшори мардум фурсат ва имкони саводомӯзӣ доштанд. Аз ин рӯ нисбати саводнокӣ дар миёни онҳо хеле паст буд ва ба сахтӣ метавонист ба 3-10 % бирасад. Саводомӯзии саросарии аҳолиро ҳукумати шӯравӣ ба роҳ монд.
Соли 1926 нахустин мактаб дар минтақа фаъолияти худро оғоз намуд: дар он танҳо 1 муаллим – Одил Боқиев (аз деҳаи Чихох) кор мекард ва 25 талаба дар он ҷо дарс меомӯхтанд. Соли 1930 шумораи муаллимон ба 7 нафар расид. Дар авохири даҳаи 30-юми асри XX тақрибан дар ҳамаи маҳалҳои сераҳолии деҳшӯроҳои Ванҷ мактабҳои ибтидоӣ таъсис ёфтанд, ки бештари бачагону наврасон дар онҳо таҳсил мекарданд.
Тобистони соли 1941 (дар арафаи [[Ҷанги Бузурги Ватанӣ]]) дастгоҳи кинонамоишдиҳӣ дар Ванҷ сохта, ба марҳалаи истифода расид. Соли 1941 дар вилоят 41 китобхона вуҷуд дошт, аз ҷумла китобхонаи ноҳиявӣ дар маркази Ванҷ ва 12 чойхонаи сурх. Дар аввали моҳи апрели соли 1930 дар яке аз деҳаҳои баландкӯҳи водии Ванҷ – Рованд нахустин маҷлиси ҷавонон баргузор шуд.
Дар соли таҳсилии 2011-2012 дар ноҳияи Ванҷ 50 мактаб, аз ҷумла 23 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 4 мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, 13 мактаби ибтидоӣ, мактаб-интернат ва муассисаи томактабӣ вуҷуд дошт. Дар ҳамин сол дар мактабҳои ноҳия 7437 талаба таҳсил мекард, ки ба онҳо 928 муаллими соҳибмаълумоти олӣ дарс медоданд.
25 июни соли 2025 дар деҳаҳои Мотравн, Будун, Вишхарв, Жамаг, Бунай, Техарв ва Ғиҷовасти ноҳия 7 кӯдакистони нав ифтитоҳ гардид: чор кӯдакистон аз ҳисоби буҷети маҳаллии вилоят ва се кӯдакистони дигар аз ҳисоби сокинони деҳаҳо тариқи ҳашар сохта шудаанд. Ин муассисаҳо аз 20 синфхона иборат буда, барои 380 тарбиятгиранда пешбинӣ шудаанд ва дар онҳо 34 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.<ref name="fn111" /><ref name="fn124">[https://khovar.tj/2025/06/peshvoi-millat-emomal-ra-mon-dar-no-iyai-van-ba-tavri-ma-oz-7-muassisai-talimii-tomaktabiro-iftito-namudand/ Ифтитоҳи 7 кӯдакистон дар ноҳияи Ванҷ] // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
Дар Ванҷ 45 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 1 театр, 13 клуб, 2 автоклуб, 5 хонаи фарҳанг, 25 китобхона бо фонди 114 960 нусха китоб фаъолият мекунад. Рӯзномаи ноҳиявӣ бо номи ''«Ватан»'' нашр мешавад.
== Тиб ==
Аввалин иттилои тиббии сабтшуда дар бораи Ванҷ ба гузориши капитан Кузнецов (соли 1892) рост меояд, ки паҳншавии бемории зоб (гулбандварамӣ)-ро дар байни дигар бемориҳои маъмули Дарвоз махсус қайд кардааст:
''«Изъ другихъ болѣзней особенно развитыхъ въ Дарвозѣ, слѣдуетъ отмѣтить зобъ, главнымъ образомъ по рѣкѣ Ванчъ.»''
Тарҷума: ''«Аз дигар бемориҳое, ки дар Дарвоз хеле паҳн шудаанд, бояд зобро қайд кард, ки асосан дар канори дарёи Ванҷ вомехӯрад»''.<ref name="fn125">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 51.</ref>
Соли 1939 дар Ванҷ маркази тиббӣ ва бемористоне барои 10 кат сохта шуда буд. Ин иттифоқ дар канори душвориҳои азиме ба вуҷуд омад: то оғози асри XX дар водӣ тибби илмӣ вуҷуд надошт ва сокинон танҳо ба гиёҳдармонӣ ва дуохонӣ такя мекарданд, ки боиси сатҳи баланди фавти модарону кӯдакон мегардид.<ref name="fn49" /> Тибқи як таҳқиқи диссертатсионӣ, гузариш ба тибби муосир бо муқовимати шадид ҳамроҳ буд: соли 1929 табиби рус Спажев, ки барои расонидани кумаки аввалияи тиббӣ ба Ванҷ фиристода шуда буд, аз ҷониби дастаҳои босмачӣ ба қатл расонида шуд – ҳодисае, ки соли 1931 бо қатли табиб Олхов дар ноҳияи ҳамҷавори Қалъаихумб такрор ёфт.<ref name="fn126">Диссертатсия // Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ.</ref> Муҳоҷирати маҷбурии соли 1954-и сокинони водии Язғулом ба водии гарми Вахш низ оқибатҳои вазнини беҳдоштӣ – бемории оммавӣ ва фавти зиёди кӯдакон – ба бор овард, ки яке аз сабабҳои бозгашти тадриҷии як қисми муҳоҷирон ба зодгоҳашон гардид.<ref name="fn49" />
Ҳоло дар ноҳия як беморхонаи марказӣ (дар шаҳраки Рохарв, дорои 6 шуъбаи бистарикунонӣ), як беморхонаи минтақавӣ дар водии Язғулом, 22 бунгоҳи тиббӣ, маркази назорати беҳдоштӣ (санитарию эпидемиологӣ) ва 4 дорухона фаъолият доранд. Тибқи маълумоти соли 2023, ба ин шабака 57 310 нафар бемор муроҷиат кардааст – ба ҳисоби миёна беш аз 1,6 маротиба барои ҳар сокини ноҳия дар як сол.<ref name="fn127">Ванҷ. Роҳандозии тадбирҳо дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар сохтори марказии шабака 47 духтури дорои маълумоти олӣ ва 193 корманди миёнаи тиббӣ кор мекунанд; рақами 369 нафар пизишки дорои маълумоти олӣ, ки дар маъхазҳои умумӣ оид ба ноҳия зикр мешавад, эҳтимол тамоми мутахассисони тиббии ҳудуди ноҳияро – аз ҷумла дорухонаҳо, СЭС ва муассисаҳои хусусиро – дар бар мегирад.<ref name="fn127" />
Дар водии дурдасти Язғулом, ки пеш аз истиқлол мардум маҷбур буданд беморони вазнинро тавассути чорвои борбар ба масофаҳои дур интиқол диҳанд, имрӯз як дармонгоҳи минтақавӣ, ду маркази саломатӣ, се бунгоҳи тиббӣ дар деҳаҳои дурдаст ва як таваллудхонаи махсусгардонидашуда фаъолият доранд.<ref name="fn127" /> Дар деҳаи Гармчашмаи ҷамоати Рованд, наздики лозури Ванҷях, як маркази саломатии муосир бо ҳамкории Вазорати тандурустӣ ва Хадамоти ҳифзи сиҳатии [[Бунёди Оғохон]] (Aga Khan Health Services) сохта шудааст.<ref name="fn128">Ифтитоҳи маркази саломатӣ дар ноҳияи Ванҷ // АМИТ «Ховар», сентябри 2015. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар доираи барномаи миллии рушди инфрасохтори тиббӣ, соли 2025 сохтмони бинои нави Беморхонаи марказӣ барои 120 кат бо арзиши 114 миллион сомонӣ оғоз гардид.<ref name="fn129">Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Ванҷ // Президенти Тоҷикистон, 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Барои ҳалли норасоии кадрҳо, тайи давраи соҳибистиқлолӣ 142 нафар хатмкунандаи ноҳияи Ванҷ дар муассисаҳои олии тиббии ҷумҳурӣ (пеш аз ҳама Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино) таҳсил кардаанд, ки аз ин шумора 40 нафар тавассути квотаи президентӣ буда, соли 2025 боз 22 нафари дигар ба ҳамин квота фаро гирифта шуданд.<ref name="fn129" /> Барномаи ''«Корвони саломатӣ»''-и Вазорати тандурустӣ низ борҳо ба Ванҷ ташриф оварда, ба табибони маҳаллӣ таҷрибаандӯзӣ фароҳам овардааст.<ref name="fn130">«Корвони саломатӣ». Сокинони ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ бо хизматрасонии ройгони тиббӣ фаро гирифта шуданд // АМИТ «Ховар», майи 2022. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Бо сабаби баландкӯҳ будани минтақа, Ванҷ таърихан ба минтақаҳои паҳншавии бемории ҷоғвар (норасоии йод) мансуб буд; тибқи маълумоти таҳлилӣ, дар натиҷаи стратегияи миллии йодизатсияи намак сатҳи паҳншавии ин беморӣ дар давраи солҳои 2019-2023 то 72 фоиз коҳиш ёфтааст.<ref name="fn131">Авҷи Зуҳал, № 2, 2025.</ref> Бо назардошти сатҳи баланди муҳоҷирати меҳнатии сокинони ноҳия, маркази маҳаллии мубориза бар зидди ВНМО (ВИЧ) корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни ҷавонон пайваста мегузаронад.<ref name="fn127" /> Дар давраи пандемияи [[COVID-19]] Беморхонаи марказии Ванҷ шуъбаи бемориҳои сироятиро ба реҷаи фавқулодда гузаронид, ва моҳи июни соли 2020 тибқи барномаи дастгирии [[Иттиҳоди Аврупо]] ба ин муассиса таҷҳизоти муҳофизати инфиродӣ (PPE) расонида шуд.<ref name="fn132">EU timeframe for PPE distribution // Хадамоти амали берунии Иттиҳоди Аврупо (EEAS), июни 2020. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Беморхонаи марказӣ соли 2014 пурра ба низоми гармкунии барқӣ (аз ҳисоби неругоҳҳои хурди барқи обӣ) гузашт, ҳарчанд барои ҳолатҳои фавқулодда ҳарсола захираи эҳтиётии сӯзишворӣ нигоҳ дошта мешавад.<ref name="fn133">Беморхонаи Ванҷ ба низоми гармкунии барқӣ гузашт // АМИТ «Ховар», январи 2014. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Тибқи санҷиши Агентии амнияти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳо (июли 2024), Беморхонаи марказии Ванҷ талаботи қонунгузории бехатарии радиатсиониро пурра риоя намуда, дараҷаи хатари фаъолияти он ''«паст»'' арзёбӣ шудааст.<ref name="fn134">[https://cbrn.tj/ Феҳристи Агентии амнияти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ (cbrn.tj)]. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Варзиш ==
Ванҷ аз даврони қадим бо гуштигирони номвари худ шуҳратёр буд. Номи паҳлавонони ванҷӣ – Амонат, Сулаймон, Дилдор, Хушдил, Худоӣ, Ҳиммат, Ш. Дилов, Алифбек ва дигарон то кунун ба некӣ ёд мешавад ва қиссаҳои майдондориашон ҳанӯз вирди забони хосу ом аст. Соли 2024 гӯштини миллии тоҷикӣ ([[гӯштингирӣ]]) дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта шуда, мақоми расман байналмилалӣ касб кард; шумораи мусобиқаҳои ин намуди варзиш дар саросари ҷумҳурӣ аз 485 адад дар соли 2020 то тақрибан 4000 адад дар соли 2022 афзудааст.<ref name="fn135">[https://mfa.tj/tg/brussels/view/12033/gushtini-tojiki-maqomi-bainalmilali-girift Гӯштини тоҷикӣ мақоми байналмилалӣ гирифт] // Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Паҳлавони ванҷӣ [[Шакармамад Мирмамадов]], ки дар якчанд намуди варзиш (ҷудо, кураш, гӯштингирӣ) рақобат мекунад, яке аз муваффақтарин варзишгарони вазни сангини Тоҷикистон дар даҳсолаи охир аст: соҳиби медали биринҷии Бозиҳои XVIII осиёии соли 2018 дар Ҷакарта (ҷудо, +100 кг),<ref name="fn136">Бозиҳои XVIII осиёӣ: Шакармамад ҳам соҳиби медали биринҷӣ гардид // Радиои Озодӣ. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> медали тиллои Чемпионати 13-уми Осиё оид ба кураш дар Теҳрон (июни 2024)<ref name="fn137">Шакармамад Мирмамадов қаҳрамони Осиё оид ба кураш // Варзиш ТВ. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> ва медали тиллои Нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ дар Душанбе (28-31 августи 2024, бо иштироки беш аз 200 варзишгар аз 63 давлат) гардид.<ref name="fn138">Варзишгари тоҷик Шакармамад Мирмамадов дар нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ медали тилло ба даст овард // АМИТ «Ховар», августи 2024. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар мусобиқаҳои Наврӯзии байналмилалӣ дар Хоруғ (марти 2025) ва Рашт (апрели 2026) низ ғолиб омада, ҳарду бор соҳиби автомобил гардид.<ref name="fn1392">[https://khovar.tj/2025/03/shakarmamad-mirmamadov-barandai-sho-oizai-musobi-ai-bajnalmilalii-g-shtini-mill-dar-sha-ri-horu-gardid/ Шакармамад Мирмамадов барандаи Шоҳҷоизаи Мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ дар шаҳри Хоруғ гардид] // АМИТ «Ховар», 26 марти 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn1402">[https://khovar.tj/2026/04/mu-ammadin-shodmon-far-od-va-shakarmamad-so-ibi-sho-oiza-oi-musobi-ai-g-shtini-millii-no-iyai-rasht-shudand/ Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд] // АМИТ «Ховар», 15 апрели 2026. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
25 марти соли 2020 дар ҷамоати деҳоти Язғулом бахшида ба Наврӯз мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ баргузор гардид, ки дар он беш аз 300 нафар паҳлавон на танҳо аз Ванҷ, балки аз Душанбе, [[Бохтар]], Кӯлобу Хоруғ ва ноҳияҳои Дарвозу Рӯшон иштирок карданд.<ref name="fn1" />
Дар ноҳия беш аз 40 иншооти варзишӣ мавҷуд аст. 25 июни соли 2025 дар деҳаи Убари Даргов толори варзишӣ бо масоҳати умумии 615 м², иборат аз толори асосӣ, толори тенниси рӯи миз ва ҳуҷраҳои ёрирасон, ба истифода дода шуд.<ref name="fn111" /><ref name="fn1412">Ифтитоҳи толори варзишӣ дар деҳаи Убари Даргови ноҳияи Ванҷ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref> Ҳамчунин, 15 ноябри соли 2025, дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар деҳаи Андарбоғи ҷамоати Язғулом толори варзишии замонавӣ, ки бо маблағи 480 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст, ба истифода дода шуд.<ref name="fn1422">[https://khovar.tj/2025/11/bahshida-ba-r-zi-prezident-dar-de-ai-andarbaki-no-iyai-van-tolori-muosiri-varzish-ba-istifoda-doda-shud/ Бахшида ба Рӯзи Президент дар деҳаи Андарбаки ноҳияи Ванҷ толори муосири варзишӣ ба истифода дода шуд] // АМИТ «Ховар», 15 ноябри 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Пеш аз ин, 11 сентябри соли 2018 бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамин ҷамоати Язғулом низ як толори варзишӣ ба истифода дода шуда буд.<ref name="fn15" />
Ба ғайр аз гӯштин, дар солҳои охир [[волейбол]] низ дар ноҳия рушд кардааст: дар мусобиқаи маҳаллӣ 7 дастаи волейболи ҷавонон иштирок доранд, ва дастаи ноҳияи Ванҷ дар Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявии волейбол дар ноҳияи Восеъ дар қатори дастаҳои пуриқтидоре чун ''«Регар ТадАЗ»'' ва дастаи шаҳри Душанбе иштирок карда, рақобати арзанда нишон додааст.<ref name="fn1432">[https://khovar.tj/2025/06/regar-tadaz-dar-musobi-a-oid-ba-volejbol-dar-no-iyai-vose-sazovori-sho-oiza-gardid/ «Регар ТадАЗ» дар мусобиқа оид ба волейбол дар ноҳияи Восеъ сазовори Шоҳҷоиза гардид] // АМИТ «Ховар», июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар Бозиҳои осиёии соли 2018, ки [[самбо]] бори аввал ба барномаи он дохил шуда буд, Тоҷикистонро дар қатори дигарон ду варзишгари ҷавон – Ҷомии Ҳасанӣ ва Сомон Сангов – намояндагӣ карданд.<ref name="fn136" />
== Шахсиятҳои маъруф ==
[[Мулло Муҳаммадёри Ванҷӣ]] (машҳур ба Мулло Ёр) – шоири маъруфи мардумии тоҷик, зодаи деҳаи Ғумаяки водии Ванҷ; мероси ӯ то имрӯз дар байни мардуми кӯҳистони тоҷик маҳбубият дорад.<ref name="fn210" />
=== Илмҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ ===
Раҳим Масов (16 ноябри 1939, деҳаи Мудеҳарви ноҳияи Ванҷ – 21 июни 2018, Душанбе) – таърихшиноси барҷастаи тоҷик, доктори илмҳои таърих, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон; солҳои 1988–2015 директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш.<ref name="fn144">[https://khovar.tj/rus/2022/11/akademik-rahim-masov-zhizn-posvyashhennaya-otstaivaniyu-natsionalnyh-interesov-tadzhikistana-segodnya-velikomu-uchenomu-ispolnilos-by-83-goda/ Академик Рахим Масов: жизнь, посвящённая отстаиванию национальных интересов Таджикистана] (рус.) // НИАТ «Ховар», 16 ноябри 2022. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn145">[https://asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/society/20180621/segodnya-v-dushanbe-skonchalsya-akademik-rahim-masov Сегодня в Душанбе скончался академик Рахим Масов] (рус.) // Азия-Плюс, 21 июни 2018. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Ҳайдаршо Пирумшоев (таваллуд 30 декабри 1944, ноҳияи Ванҷ) – таърихшинос, доктори илмҳои таърих, профессор; муаллифи асарҳои ''«Ванҷ»'' (М., 2004), ''«Ванҷи ману ганҷи ман»'' (Душанбе, 2013) ва таҳқиқоти сершумор оид ба таърихи Бадахшону Помир.<ref name="fn146">[https://asiaplustj.info/tj/node/356410 Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо... 30 декабри соли 2025] // Asia-Plus. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
[[Комил Бекзода]] (Беков Комилҷон; таваллуд 9 январи 1945, деҳаи Узбайи ноҳияи Ванҷ) – файласуфи тоҷик, доктори илмҳои фалсафа.<ref name="fn167">[https://www.ozodi.org/a/600091.html Комил Бекзода Наврузро ҷашни орзуҳо медонад - Радиои Озодӣ]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Хатмкардаи шуъбаи забони арабии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1967), беш аз ҳафт сол дар Миср ва Яман ба ҳайси тарҷумон кору фаъолият намуд.<ref name="fn168">[https://kmt.tj/komil-bekzoda-fajlasufe-bo-andeshai-milly/ Комил Бекзода – файласуфе бо андешаи миллӣ - Китобхонаи миллии Тоҷикистон]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Соли 1988 рисолаи номзадӣ дар мавзӯи «Муҳаммади Шаҳристонӣ – муаррихи дин ва фалсафа» ва соли 2019 рисолаи доктории худро таҳти унвони «Нақши шуубия дар таърихи худшиносии халқи тоҷик» ҳимоя намуд.<ref name="fn168" /> Бекзода муаллифи консепсияи фалсафии «Фалсафаи ҷамшедӣ» аст, ки шарҳи он дар китоби ''«Бозгашти Ҷамшед: Мубоҳисаи Зиндагӣ бо Марг»'' (Душанбе, 2019) омадааст; соли 1993 маҳфили илмӣ-фалсафии «Ҷаҳони андеша»-ро таъсис дод.<ref name="fn168" /><ref name="fn169">[[Комил Бекзода|Комил Бекзода — Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> А
Авсамад (Абдусамад) Ҳайдаров (таваллуд 1 октябри 1961, деҳаи Бунайи ноҳияи Ванҷ) – забоншинос ва педагог, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент.<ref name="fn171">[[Авсамад Ҳайдаров|Авсамад Ҳайдаров — Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Хатмкардаи факултети шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1986), солҳои 1986–1988 дар ҳайати қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон хидмат кард.<ref name="fn171" /> Соли 2012 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи ислоҳоти маорифи Аҳмади Дониш дифоъ намуд ва соли 2019 китоби ''«Фарҳанги тафсирии мухтасари луғоти шеваи ҷанубу шарқии забони тоҷикӣ»''-ро таълиф кард, ки дар он, аз ҷумла, этимологияи вожаи «Ванҷ» таҳлил шудааст.<ref name="fn1662" /><ref name="fn171" />
{| class="wikitable"
|+Ҷадвали 6. Намояндагони барҷастаи илмҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ аз ноҳияи Ванҷ
!Ному насаб
!Соҳаи фаъолият
!Асарҳо ва дастовардҳои калидӣ
!Унвони илмӣ / Мақом
|-
|Раҳим Масов
|Таърихнигорӣ
|Таҳқиқи тақсимоти ҳудудии миллӣ дар Осиёи Миёна
|Академик, директори Институти таърих (1988–2015)
|-
|Ҳайдаршо Пирумшоев
|Таърихнигорӣ
|''«Ванҷ»'' (2004), ''«Ванҷи ману ганҷи ман»'' (2013)
|Доктори илмҳои таърих, профессор
|-
|Комил Бекзода
|Фалсафа, шарқшиносӣ
|''«Бозгашти Ҷамшед: Мубоҳисаи Зиндагӣ бо Марг»'', консепсияи «Фалсафаи ҷамшедӣ»
|Доктори илмҳои фалсафа, муассиси «Ҷаҳони андеша»
|-
|Авсамад Ҳайдаров
|Педагогика, забоншиносӣ
|Таҳқиқи афкори Аҳмади Дониш, ''«Фарҳанги тафсирии мухтасари луғот...»''
|Номзади илмҳои педагогӣ, дотсент
|}
=== Илмҳои табиатшиносӣ ===
Кабут Вазиров (15 ноябри 1938 – 13 июли 2019) – муҳандис-геолог, номзади илмҳои геология ва минералогия (1975), профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои муҳандисии Тоҷикистон (2003).<ref name="fn172">[[Кабут Вазиров|Кабут Вазиров — Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Зодаи ноҳияи Ванҷ, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1961), муаллифи зиёда аз 400 мақолаи илмию методӣ, 4 китоби дарсӣ ва 3 монография оид ба сарватҳои зеризаминии Тоҷикистон.<ref name="fn172" /> Пас аз даргузашти ӯ хонаводааш 638 нусха китоб аз китобхонаи шахсиаш ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон тақдим намуданд.<ref name="fn173">[http://old.kmt.tj/beshtar-az-600-kitobi-kabut-vazirov-ba-kitobhonai-milli-takdim-shud Бештар аз 600 китоби Кабут Вазиров ба Китобхонаи миллӣ тақдим шуд]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
Саид Савлатов (таваллуд 17 майи 1940, деҳаи Чихохи ноҳияи Ванҷ) – биолог, дотсент, номзади илмҳои биологӣ (1972).<ref name="fn174">[[Саид Савлатов|Саид Савлатов — Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Таҳқиқоти ӯ ба масъалаҳои растанипарварӣ, ҳашаротшиносӣ ва меросгузории аломатҳо дар наслҳои гибридии пахта бахшида шудаанд; солҳои 1984–1989 мудири кафедраи зоологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ буд ва бо нишони «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (1984) сарфароз гардидааст.<ref name="fn174" />
=== Адабиёт ва рӯзноманигорӣ ===
Дар марҳилаи адабиёти шӯравӣ ва пасошӯравӣ, Басир Расо (13 июли 1931 – 11 июли 2010), зодаи деҳаи Водхуд, ба яке аз чеҳраҳои шинохтаи адабиёти танзу ҳаҷви тоҷик табдил ёфт.<ref name="fn175">[[Басир Расо|Басир Расо — Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Пас аз хатми факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1956), фаъолияти рӯзноманигории худро дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» ва маҷаллаи «Хорпуштак» оғоз намуд ва аз соли 1964 то охири умраш – беш аз чиҳил сол – сармуҳаррири маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» боқӣ монд.<ref name="fn176">[https://www.ozodi.org/a/2097189.html Даргузашти сардабири "Хорпуштак" - Радиои Озодӣ]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref><ref name="fn177">[https://navisandagan.tj/tj/%D1%80%D0%B0%D1%81%D0%BE-%D0%B1%D0%B0%D1%81%D0%B8%D1%80/ РАСО БАСИР - ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Маҷмӯаҳои ашъори ӯ, аз қабили ''«Дар боргоҳи нур»'', ''«Нидои дӯст»'' ва ''«Баҳори орзӯ»'', ба жанри ғазал ва шеъри лирикӣ низ тааллуқ доранд; ӯ дорои унвони «Ходими шоистаи маданияти Тоҷикистон» буд.<ref name="fn175" />
Дар соҳаи журналистикаи муосир ва таҳлилӣ, рӯзноманигори собиқадор Аслам Додихудоев (1946–2023) нақши босазо дошт ва дар инкишофи матбуоти даврӣ ва мактаби журналистикаи таҳлилии кишвар саҳм гузоштааст.<ref name="fn178">[[:ru:Додихудоев|Додихудоев - Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Тибқи феҳристи категорияи «Зодагони ноҳияи Ванҷ»-и Википедияи тоҷикӣ, дигар аҳли қалам ва рӯзноманигорони зодаи ин ноҳия – аз ҷумла Хилватшоҳи Маҳмуд, Бурҳон Раҳмон, Наврӯз Гулзода ва Насрин Идибеков – низ дар ғанигардонии фазои адабӣ ва иттилоотии кишвар саҳм доранд.<ref name="fn179">[[:Гурӯҳ:Зодагони ноҳияи Ванҷ|Гурӯҳ:Зодагони ноҳияи Ванҷ — Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
=== Санъати тасвирӣ ва мусиқӣ ===
Анваршо Сайфиддинов, Арбоби ҳунар ва Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон, аз соли 1984 узви Иттифоқи рассомони собиқ ИҶШС буда, дар доираҳои ҳунарӣ ба унвони ғайрирасмии «Шоҳи рангҳо» маъруф аст.<ref name="fn180">[https://farah-info.com/habari-ruz/nigohi-purasrori-anvarsho-sajfiddinov-ba-gety/ Нигоҳи пурасрори Анваршо Сайфиддинов ба гетӣ - Асосӣ - Фараҳ]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Осори ӯ – аз наққошӣ то санъати монументалӣ – рамзҳои фарҳанги бостонии тоҷиконро бо услубҳои муосир омезиш медиҳад; намунаҳои эҷодиёташ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва коллексияҳои Русия, Аврупо ва Осиё маҳфузанд, ва ӯ ҳамчун омӯзгор дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов фаъолият дорад.<ref name="fn180" /> Дар соҳаи санъати амалӣ, устод Маҳмадкарим Рақибов, омӯзгори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва нақшҳои миллӣ фаъолият мебарад.<ref name="fn181">[https://ddstdt.tj/10524-2/ МУСАВВИР - Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
=== Идоракунии давлатӣ ва сиёсат ===
Қодири Қосим (таваллуд 9 апрели 1961, ноҳияи Ванҷ) – ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон.<ref name="fn147">Председатель Федерации независимых профсоюзов Таджикистана Кодири Косим выдвинут кандидатом в депутаты Маджлиси намояндагон (рус.) // НИАТ «Ховар», январи 2020. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Маҳмадулло Абдуллоев роҳбарии ноҳияи Ванҷро зиёда аз 20 сол (тахминан солҳои 1980-ум) ба ҳайси котиби якум бар ӯҳда дошт; таҳти роҳбарии ӯ соли 1984 нахустин корхонаи истеҳсоли санги мармар дар Бадахшон ба кор даромад ва боғдории минтақа (аз ҷумла парвариши чормағз дар мавзеи «Ҷангали Зуго» ва навъҳои гуногуни тут) рушд ёфт.<ref name="fn182">[[Деҳоти Маҳмадулло Абдуллоев|Деҳоти Маҳмадулло Абдуллоев — Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Ба ифтихори ин хидматҳо, ҷамоати марказии ноҳия (собиқ ҷамоати Ванҷ) расман ба номи Маҳмадулло Абдуллоев номгузорӣ шудааст.<ref name="fn183">[[:ru:Махмадулло_Абдуллоев_(джамоат)|Махмадулло Абдуллоев (джамоат) - Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
Ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992–1997 ба ҷомеаи зиёии Ванҷ низ талафоти вазнин овард: тибқи феҳристи қурбониён ва бедарак гумшудагони даврони ҷанг, ашхосе чун Қурбонназар Халифаев (соли таваллуд 1967, муаллим), Қурбон Абдуллоев (соли таваллуд 1938) ва Муҳаммадӣ Назарихудоев (соли таваллуд 1955, мудири шуъбаи комиҷроияи ноҳияи Ҷилликӯл) дар байни бедарак гумшудагону кушташудагони ин давра ёд мешаванд.<ref name="fn186">[https://www.ozodi.org/a/31911429.html Рӯйхат. Номи гуруҳе аз қурбониён ва гумшудаҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
{| class="wikitable"
|+Ҷадвали 8. Намояндагони идоракунии давлатӣ ва ниҳодҳои ҷамъиятӣ аз ноҳияи Ванҷ
!Ному насаб
!Давраи фаъолият
!Вазифа ва саҳми асосӣ
|-
|Маҳмадулло Абдуллоев
|Солҳои 1980-ум
|Роҳбари ноҳия (>20 сол), бунёди корхонаи мармар (1984), рушди боғдории саноатӣ
|-
|Қодири Қосим
|Давраи муосир
|Ходими давлатӣ, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил
|}
=== Варзиш ===
Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ [[Мурувватшо Бачабеков]] (1 майи 1944 – 9 сентябри 2023, деҳаи Баравни ҷамоати Водхуд) – бунёдгузори мактаби муосири гӯштини Ванҷ; солҳои 1972–1994 устоди кафедраи тарбияи ҷисмонии Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) буд.<ref name="fn148">[https://www.bomdod.com/2023/09/12/ustodi-pahlavononi-vanj-muruvvatsho-bachabekov-az-dunyo-raft/ Устоди паҳлавонони Ванҷ Мурувватшо Бачабеков аз дунё рафт] // Бомдод, 12 сентябри 2023. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Маҳмадшариф Сулаймонов (зодаи деҳаи Рованд) – устоди дигари варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ дар гӯштини миллӣ, ки зиёда аз панҷоҳ сол дар майдони паҳлавонӣ фаъолият дорад.<ref name="fn149">Суфраи паҳлавонӣ // Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Носир Хусравов (1958 – 9 январи 2024), хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, мураббии варзидаи гӯштини миллӣ ва самбо буд; ҳамчун мудири мактаби варзишии ноҳияи Ванҷ ва сармураббии дастаи мунтахаби самбои ВМКБ даҳҳо варзишгари сатҳи байналмилалиро тарбия кардааст.<ref name="fn187">[https://www.ozodi.org/a/32767418.html Падари ҷаҳонпаҳлавон Хушқадам Хусравов даргузашт - Радиои Озодӣ]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
Хушқадам Хусравов (таваллуд 1 январи 1993, деҳаи Рохарв), писар ва шогирди Носир Хусравов, дар вазни 62 кг оид ба самбо рақобат мекунад.<ref name="fn188">[[:en:Khushqadam_Khusravov|Khushqadam Khusravov - Wikipedia]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Соли 2013 ӯ қаҳрамони ҷаҳон байни ҷавонон гардид, соли 2014 дар Тошканд қаҳрамони Осиё шуд ва соли 2018 дар Бухарести Руминия унвони қаҳрамони ҷаҳон оид ба самборо ба даст овард.<ref name="fn189">[https://khovar.tj/2015/03/medali-tilloi-hush-1179-adam-husravov-dar-1206-omi-1207-a-1203-onii-sambo/ Медали тиллои Хушқадам Хусравов дар Ҷоми ҷаҳонии самбо | АМИТ "Ховар"]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref><ref name="fn190">[[Хушқадам Хусравов|Хушқадам Хусравов — Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
Дастоварди олимпии таърихиро Сомон Маҳмадбеков (таваллуд 24 марти 1999, Иркутск, Русия) ба даст овард; вай дар хонаводаи тоҷикони муҳоҷир, зодагони ноҳияи Ванҷ (Моёншоҳ Маҳмадбеков ва Ҷамила Парвонаева), ба дунё омадааст. Дар Бозиҳои олимпии Париж (2024) ӯ барандаи медали биринҷӣ дар намуди ҷудо гардид.<ref name="fn191">[https://www.bomdod.com/2024/07/31/nahustin-medali-tojikiston-dar-bozihoi-olimpii-poris-ofarinat-supersomon/ НАХУСТИН МЕДАЛИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПОРИС. ОФАРИНАТ, СУПЕРСОМОН! - Пойгоҳи хабарии "Бомдод"]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
Дар деҳаи Вишхарвак муаллими мактаб Рамазон Синонов барои наҷоти як наврас бо хирси ваҳшӣ дастбагиребон шуда, онро мағлуб кард – ҳодисае, ки дар матбуоти маҳаллӣ ҳамчун намунаи паҳлавонии ғайривaрзишии сокинони Ванҷ инъикос ёфт.<ref name="fn192">[https://www.bomdod.com/2021/10/21/muallimi-pahlavoni-vanji-hirsro-haluk-andohtu-ba-zamin-afkand/ МУАЛЛИМИ ПАҲЛАВОНИ ВАНҶӢ ХИРСРО ҲАЛУК АНДОХТУ БА ЗАМИН АФКАНД]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
{| class="wikitable"
|+Ҷадвали 7. Натиҷаҳои барҷастаи варзишгарони мактаби Ванҷ дар сатҳи байналмилалӣ
!Варзишгар
!Намуди варзиш
!Унвон ва мусобиқа
!Дастовард
|-
|Сомон Маҳмадбеков
|Ҷудо
|Бозиҳои олимпӣ (2024, Париж, Фаронса)
|Медали биринҷӣ
|-
|Хушқадам Хусравов
|Самбо
|Чемпионати ҷаҳон (2018, Бухарест, Руминия)
|Медали тилло
|-
|Хушқадам Хусравов
|Самбо
|Чемпионати Осиё (2014, Тошканд, Ӯзбекистон)
|Медали тилло
|-
|Шакармамад Мирмамадов
|Гӯштингирӣ
|Чемпионати ҷаҳон (2024, Душанбе, Тоҷикистон)
|Медали тилло
|-
|Шакармамад Мирмамадов
|Ҷудо
|Бозиҳои осиёӣ (2018, Ҷакарта, Индонезия)
|Медали биринҷӣ
|-
|Шакармамад Мирмамадов
|Кураш
|Чемпионати Осиё (2024, Теҳрон, Эрон)
|Медали тилло
|}
=== Соҳибкории иҷтимоӣ ва диаспора ===
Абдулбаҳор Мирзоев, зодаи деҳаи Бунайи ҷамоати Ҷовидон, дар доираи солҳои 2019–2021 ҳамчун соҳибкори муваффақ аз пасандозҳои шахсии худ 140 ҳазор сомонӣ барои сохтани пули пиёдагузари замонавӣ болои дарёчаи кӯҳии Бунайоб (тақрибан 35 метр дарозӣ) сарф намуд, ки барои чор нафар сокинони маҳаллии баргашта аз муҳоҷират ҷойи кори муваққатӣ фароҳам овард.<ref name="fn193">[https://migration.tj/%D1%81%D0%BE%D2%B3%D0%B8%D0%B1%D0%BA%D0%BE%D1%80%D3%A3-%D0%B2%D0%B0%D0%BD%D2%B7%D3%A3-%D0%BF%D1%83%D0%BB%D0%B8-%D0%BF%D0%B8%D1%91%D0%B4%D0%B0%D0%B3%D1%83%D0%B7%D0%B0%D1%80-%D0%BC%D0%B5%D1%81%D0%BE/ Соҳибкорӣ Ванҷӣ пули пиёдагузар месозад - Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
Марҳум Эҳсоншо Мунавваров ва Моёншо Маҳмадбеков ҳамчун тоҷирони шинохта дар Федератсияи Русия, ҳамчун мададрасон ва пуштибони иҷтимоии диаспораи тоҷикони ноҳияи Ванҷ дар хориҷ аз кишвар эътироф шудаанд.<ref name="fn194">[https://pressa.tj/so%D2%B3ibkori-muvaffa%D2%9Bi-van%D2%B7%D3%A3-dar-rusiya-darguzasht/ Соҳибкори муваффақи ванҷӣ дар Русия даргузашт - Pressa.tj]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
== Ҳукумат ==
Сарвари ноҳияи Ванҷ Раиси ноҳия аст, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мегардад.<ref name="fn3" /> Ниҳоди намояндагии ноҳия – Маҷлиси вакилони халқ мебошад, ки аз тарафи мардуми ноҳия ба муддати 5 сол интихоб мешавад. Маълумоти расмӣ дар бораи ноҳия дар сомонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (badakhshon.tj) ҷой дода шудааст.<ref name="fn3" />
Раисони ноҳия дар тӯли фаъолияти маъмурии он борҳо иваз шудаанд; барои мисол, 17 ноябри соли 2021 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷабори Қосим аз мансаби раиси ноҳияи Ванҷ озод карда шуда, ба ҷои ӯ Мардзода Одинашо Миршаб ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия таъин гардид.<ref name="fn1502">[https://sputnik.tj/20211117/barkanori-jabbori-qosim-nazarshozoda-vanj-roshtqala-1043601608.html Раисони Ванҷу Роштқалъа барканор шуданд: раҳбарони нав киянд?] // Sputnik Тоҷикистон, 17 ноябри 2021. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Эзоҳ ==
{{Reflist|30em}}
== Манобеъ ==
* Андреев М. С. Выработка железа в долине Ванча (верховья Аму-Дарьи). – Ташкент, 1926.
* Бубнова М. А. Горно-Бадахшанская автономная область. Западный Памир (памятники каменного века – XX в.). – Душанбе, 2008. – (Археологическая карта Таджикистана).
* Бурхан-уд-Дин-хан Кушкеки. Путеводитель по Каттагану и Бадахшану. – Ташкент, 1926.
* Гулшанӣ. Таърихи ҳумоюн. – Душанбе, 2006.
* Искандаров Б. И. Восточная Бухара и Памир во второй половине XIX в. Ч. 1-2. – Душанбе, 1962-1963.
* Камалиддинов Ш. С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX – начала XIII вв. – Ташкент, 1996.
* Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). – Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893.
* Лашкарбеков Б. Б. Старованджский язык (vanǰivor) // Основы иранского языкознания: Среднеиранские и новоиранские языки / под ред. В. А. Ефимова. – М.: Восточная литература, 2008. – С. 61-109.
* Масов Р. М. К истории Ванчской долины // Мероси ниёгон. – Душанбе, 1999. – № 4. – С. 20-30.
* Мушкетов Д. И. Рохаръ (Кала-и-Ванчъ). – Петроградъ: Типографія М. М. Стасюлевича, 1916. – (Отдѣльный оттискъ изъ тома LII (1916 г.) Извѣстій Императорскаго Русскаго Географическаго Общества № 876).
* Пирумшоев Ҳ. Ванҷ. – М., 2004.
* Пирумшоев Ҳ., Зафаров А. Ванҷи ману ганҷи ман (очерки таърихӣ). – Душанбе, 2013.
* Постников А. В. Схватка на «Крыше Мира»: политики, разведчики и географы в борьбе за Памир в XIX веке. – М.: Памятники исторической мысли, 2001. – ISBN 5-88451-100-0.
* Розенфельд А. З. Ванджские говоры таджикского языка / ЛГУ им. А. А. Жданова. – Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. – 151 с.
* Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. – М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903.
* Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. – Душанбе: СИЭМТ, 2013.
* Эдельман Д. И. Язгулямский язык. – М.: Наука, 1966.
* Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. – М.: Наука (ГРВЛ), 1975. – С. 41-62.
* Языки мира: Иранские языки. III. Восточноиранские языки. – М.: Индрик, 2000.
* Moseley Chr. (ed.) Atlas of the World's Languages in Danger. – 3rd ed. – Paris: UNESCO Publishing, 2010.
* Paul D., Abbess E., Müller K., Tiessen C., Tiessen G. Language Access and Tajik Language Proficiency among the Yazghulami of Tajikistan. – SIL International, 2010.
== Пайвандҳо ==
* [https://www.vanjiman.com/ Сомонаи vanjiman.com]
* [https://vanj.info/ Торнамои Ванҷ (vanj.info)]
* [http://badakhshon.tj/?page_id=11224 Саҳифаи ноҳияи Ванҷ дар сомонаи расмии ВМКБ]
* [[c:Category:Vanj_District|Парвандаҳо дар Викианбор (Vanj District)]]
{{тоҷикистон-ҷуғ-нопурра}}
{{Тақсимоти маъмурии ВМКБ}}
{{Ноҳияи_Ванҷ}}
[[Гурӯҳ:Ноҳияҳои Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]]
[[Гурӯҳ:Ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]]
[[Гурӯҳ:Ноҳияи Ванҷ]]
3j54mu2eca4j5810yk604mortha4kes
1482032
1482031
2026-07-26T02:59:29Z
Firdavsi
3353
1482032
wikitext
text/x-wiki
{{ВМ
| Ранг1 = #A5D570
| Номи тоҷикӣ =
| Номи аслӣ = Ноҳияи Ванҷ
| Нишон =
| Парчам =
| Бари нишон =
| Бари парчам =
| Тавсифи нишон =
| Тавсифи парчам =
| Кишвар = [[Тоҷикистон]]
| lat_dir = N
| lat_deg = 38
| lat_min = 22
| lat_sec = 23
| lon_dir = E
| lon_deg = 71
| lon_min = 27
| lon_sec = 19
| region = TJ
| type = District
| Дараҷа =
| CoordScale =
| Суруди миллӣ =
| Мақом = Ноҳияи маъмурӣ
| Тобеъи = [[Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]]
| Шомили = 1 шаҳрак, 6 ҷамоат
| Пойтахт = [[Ванҷ (шаҳрак)|Ванҷ]]
| Шаҳри бузургтарин =
| Шаҳрҳои бузургтарин =
| Таъсис = [[29 май|29 маи]] [[1933]]
| Барҳамхӯрӣ =
| Номҳои пешина =
| Раис = Мардзода Одинашо Миршаб (аз 2022)<ref>{{Cite web|url=http://www.adlia.tj/show_doc.fwx?Rgn=143911|title=Указ Президента Республики Таджикистан от 1 декабря 2022 года №480 "О назначении Мардзода О.М. председателем Ванчского района Горно-Бадахшанской автономной области"|website=www.adlia.tj|accessdate=2023-01-04|archivedate=2024-12-09|archiveurl=https://web.archive.org/web/20241209162237/http://adlia.tj/show_doc.fwx?Rgn=143911}}</ref>
| Шакли роҳбарӣ = Раиси ноҳия
| Раис2 =
| Шакли роҳбарӣ2 =
| Раис3 =
| Шакли роҳбарӣ3 =
| ММД =
| Соли ММД =
| Ҷой аз рӯи ММД =
| ММД ба сари аҳолӣ =
| Ҷой аз рӯи ММД ба сари аҳолӣ =
| Забон =
| Забонҳо = [[Забони тоҷикӣ|тоҷикӣ]], [[Забонҳои бадахшонӣ]] — [[Забони язғуломӣ|язғуломӣ]]
| Аҳолӣ = 35 400
| Соли барӯйхатгирӣ = 2024
| Фоиз аз аҳолӣ = 4,8
| Ҷой аз рӯи аҳолӣ =
| Баҳодиҳии аҳолӣ =
| Соли баҳодиҳӣ =
| Зичӣ = 7,7
| Ҷой аз рӯи зичӣ =
| Ҳайати миллӣ = [[тоҷик]]он
| Ҳайати динӣ = [[мусулмон]], [[суннӣ]], мазҳаби [[ҳанафӣ]]
| Масоҳат = 4430,5
| Фоиз аз масоҳат =
| Ҷой аз рӯи масоҳат =
| Баландии бештарин = 7495
| Баландии миёна = 3000
| Баландии камтарин =
| Харита = Vanj District in Tajikistan.svg
| Андозаи харита =
| Харита2 =
| Минтақаи замонӣ = UTC+5
| Сарвожа = VA
| ISO = TJ.BK.VA
| Шиносаи ададӣ =
| Шакли шиноса =
| Шиносаи ададӣ2 =
| Шакли шиноса2 =
| Шиносаи ададӣ3 =
| Шакли шиноса3 =
| FIPS =
| Коди телефон = +992 3551
| Нишонаи почта = 736300
| Домени интернет = tj
| Коди мошинҳо = 04 TJ
| Вебгоҳ = [[www.vanjiman.com]]
| Гурӯҳ дар Commons = Vanj District
| Эзоҳ =
}}Ноҳияи Ванҷ (форсӣ: ناحیۀ ونج) – минтақаи таърихӣ ва яке аз ноҳияҳои [[Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]], воқеъ дар шимолу ғарби вилоят, дар шарқи [[Ҷумҳурии Тоҷикистон]]. Масоҳаташ 4430,5 км² буда, тибқи омори соли 2024 аҳолияш 35 400 нафарро ташкил медиҳад (зичии аҳолӣ тақрибан 8 нафар дар 1 км²). Ҳамчун воҳиди расмии маъмурию ҳудудӣ 29 майи 1933 таъсис ёфтааст.<ref name="fn139">[https://dic.academic.ru/dic.nsf/ruwiki/1287410 Ванджский район] (рус.) // Словари и энциклопедии на Академике (нусхаи мақолаи Википедиаи русӣ, 2010). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Маркази ноҳия шаҳраки Рохарв (форсӣ: راخرو) аст, ки расман шаҳраки Ванҷ ном дошта, дар харитаҳо низ чунин сабт мешавад, вале дар забони мардум то имрӯз бо номи бостонии худ – Рохарв ёд мегардад; шаҳрак 176 км шимолтар аз шаҳри [[Хоруғ]], дар канораи резишгоҳи рӯди Рохарвоб ба Ванҷоб ҷой дорад.<ref name="fn139" /><ref name="fn211">Ванҷ. Маълумоти ҷуғрофӣ (порча аз китоби Ҳ. Пирумшоев «Ванҷи ман») // Торнамои Ванҷ (vanj.info). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn310">н. Ванҷ (www.vanj.tj) // Сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Тибқи анъанаи маҳаллӣ, тамоми рустоҳоеро, ки аз деҳаи Бунай болотар воқеъанд, ''«Ванҷи Боло»'' меноманд; водиҳои поёниро бошад, на ''«Ванҷи Поён»'', балки бо номҳои таърихии худашон – Язғулом, Водхуд ва Пшихарв – ёд мекунанд.<ref name="fn211" /> Дигар шӯроҳои русто, мисли Водхуд, Язғулом, Рованд ва Техарв, ки фарогири чандин деҳаанд, то кунун номҳои таърихии худро нигоҳ доштаанд. Шӯрои рустои Рохарв дар ҳоли ҳозир чун ҷамоати ба номи Маҳмадулло Абдуллоев<ref name="fn410">[https://khovar.tj/2025/06/peshvoi-millat-emomal-ra-mon-dar-no-iyai-van-tolori-varzishiro-iftito-namudand/ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ толори варзиширо ифтитоҳ намуданд] // АМИТ «Ховар», 25 июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> ва шӯрои рустои Жовид феълан дар шакли ҷамоати Ҷовидон номгузорӣ шудаанд.
Қабл аз вуруди [[Артиши Сурх]] ба Ванҷ ва истиқрори низоми шӯравӣ, маркази идории амлокдории Ванҷ дар шаҳраки Рохарв, дар ''«Қалъаи Ванҷ»'' ё ''«Қалъаи Рохарви Ванҷ»'' қарор дошт, ки ҳам қароргоҳи мири Ванҷ ва ҳам маҳалли будубоши гурӯҳаки маҳдуди сипоҳи [[Манғития|манғитиён]] будааст.<ref name="fn510">Мушкетов Д. И. Рохарв (Кала-и Ванч) // Известия Русского географического общества. --- Т. 52. --- 1916.</ref>
Дарёҳои бузургтарини ноҳия – Ванҷоб, Язғулом) ва Панҷ) мебошанд. Ду соҳили дарёи Ванҷоб бо дарозии зиёда аз 100 км бахши умдаи ноҳияро ташкил медиҳад.
== Номшиносӣ ==
Дар сарчашмаҳои русӣ ва адабиёти даврони шӯравӣ номи ноҳия дар шаклҳои ''«Ванч»'' ва ''«Вандж»'' омадааст, ки гунаи русишудаи ҷойноми тоҷикии Ванҷ мебошад.<ref name="fn310" />
Дар боби решаи ин ном ақидаҳо мухталифанд. Донишманди тоҷик Гулшанӣ дар китобаш ''«Таърихи ҳумоюн»'', ки соли 1328 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 1910 милодӣ навиштааст, онро табдилёфтаи номи дарёи Панҷ шумурда, дар бораи диёри Ванҷ мегӯяд:
''«Қасабаи Ванҷ ба тарафи шарқии Дарвоз, ба таҳти ақабаи Боми Дунё воқеъ аст ва дар он ҷониб манбаи дарёи Омӯя ва Ҷайҳун ва онро Чашмаи Панҷ мегӯянд, аз қуллаи шомихи кӯҳи Боми Дунё набаъон менамоянд. Аз андак масофат, панҷ чашма ба як ҷо ҷамъ мешавад ва ғарбан ҷараён менамояд ва онро чашмаи Панҷ мегӯянд ва он қасабаро Ванҷ меноманд, ки он муҳаррафи Панҷ аст. Оби аввали наҳри Ҷайҳун ҳамин аст»''.<ref name="fn6">Гулшанӣ. Таърихи ҳумоюн. --- Душанбе, 2006. --- С. 157.</ref>
Тадқиқоти забоншиносии баъдина ин ривояти халқиро тасдиқ намекунад. Эроншиноси маъруф Д. И. Эделман дар пажӯҳиши бунёдии худ ''«Географические названия Памира»'' (''«Номҳои ҷуғрофии Помир»''), ки соли 1975 дар маҷмуаи ''«Страны и народы Востока»'' ба чоп расидааст, решаи вожаи ''«Ванҷ»''-ро мушаххасан шарҳ намедиҳад, балки онро номи аслии худи водӣ мешуморад, ки номи дарёи Ванҷов (Ванҷ + ''«об»'') низ аз он гирифта шудааст.<ref name="fn7">Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. --- М.: Наука (ГРВЛ), 1975. --- С. 41--62.</ref> Тибқи мушоҳидаи ӯ, ҳамсоягони язғуломизабони ин водӣ онро на ''«Ванҷ»'', балки ''«Вавз»'' меноманд, ки ин худ далели дигаре бар куҳансолии эҳтимолии ин ном аст.<ref name="fn7" /> Забони куҳани ванҷии аз байнрафта, ки сокинони маҳаллӣ то охири асри XIX бад-он сухан мегуфтанд, ''«ванҷивор»'' (vanǰivor)-аш меномиданд,<ref name="fn8">Лашкарбеков Б. Б. Старованджский язык (vanǰivor) // Основы иранского языкознания: Среднеиранские и новоиранские языки / под ред. В. А. Ефимова. --- М.: Восточная литература, 2008. --- С. 61--109.</ref> вале дар адабиёти дастрас пажӯҳише, ки решаи номи ''«Ванҷ»''-ро аз вожаҳои ҳамин забон ба даст оварда бошад, ёфт нашуд. Дар маҷмуъ, Эделман хулоса мебарорад, ки аксари номҳои ҷуғрофии [[Помир|Помири]] Ғарбию Ҷанубӣ бо ёрии забонҳои имрӯза шарҳнопазиранд, ки ин аз бостонӣ будани онҳо гувоҳӣ дода, эҳтимоли тааллуқи баъзеи онҳоро ба забонҳои куҳани пешин (субстратӣ) нишон медиҳад.<ref name="fn7" />
Худи Д. И. Эделман дар ҳамин мақола сабаби ин дугонагии номро возеҳтар шарҳ дода, чунин овардааст:
''«Иногда различные названия одного и того же пункта отражают различные исторические обстоятельства. Так, населенный пункт — административный центр Ванча имеет два названия. Первое — официальное, значащееся на картах — «Ванч» является редакцией старого названия находившейся здесь когда-то крепости, которая именовалась просто Кала (qala) 'крепость' или Кала-и Вандж 'Ванджская крепость'. Второе — название самого кишлака, которое до сих пор остается в обиходе у местного населения и жителей соседних долин — «Рохарв».»''
Тарҷума: ''«Баъзан номҳои мухталифи як маҳал вазъиятҳои гуногуни таърихиро инъикос менамоянд. Чунончи, маҳалли аҳолинишин — маркази маъмурии Ванҷ — ду ном дорад. Аввалин — номи расмӣ, ки дар харитаҳо зикр мешавад, — «Ванҷ» аст, ки таҳрирёфтаи номи қадимии қалъаест мебошад, ки замоне дар ин ҷо буд ва онро танҳо Қалъа (qala) ё Қалъаи Ванҷ меномиданд. Дуюмин — номи худи русто аст, ки то ҳанӯз дар гуфтугӯи мардуми маҳаллӣ ва сокинони водиҳои ҳамҷавор боқӣ мондааст — «Рохарв».»''.<ref name="fn9">Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 42.</ref>
Бино бар ин, то имрӯз дар илми забоншиносии эронӣ решашиносии қатъӣ ва ба таври васеъ пазируфташудаи вожаи ''«Ванҷ»'' пешниҳод нашудааст: ривояти Гулшанӣ дар боло намунаи анъанаи омиёна ва таърихии маҳаллист, на натиҷаи таҳлили илмии забонӣ. Коршиносон, ин номро қадимӣ мешуморанд ва эҳтимол медиҳанд, ки он ба давраи пеш аз паҳншавии забони тоҷикӣ дар ин минтақа тааллуқ дошта бошад, бидуни он ки то ба ҳол решаи дақиқи онро муайян созанд.
Луғатшиноси тоҷик Абдусамад Ҳайдаров дар ''«Фарҳанги тафсирии мухтасари луғоти шеваи ҷанубу шарқии забони тоҷикӣ»'' (2019) дар бораи вожаи ''«ванҷ»'' маълумоти муфассали фарҳангшиносиро ҷамъбаст намудааст<ref name="fn1663">Ҳайдаров А. Фарҳанги тафсирии мухтасари луғоти шеваи ҷанубу шарқии забони тоҷикӣ. --- Душанбе: ЭР-Граф, 2019. --- С. 14--17.</ref>. Тибқи ин пажӯҳиш, дар фарҳангномаҳои классикии форсиву тоҷикӣ вожаи ''«ван»''/''«ванҷ»'' дар маъноҳои гуногун сабт шудааст: номи деҳае дар Насаф (муарраби ''«вана»'', тибқи ''«Фарҳанги Ананд Роҷ»''); шабеҳу монанд, меваи мағздор, ҷангали пурдарахт ва номи шаҳре (тибқи ''«Бурҳони қотеъ»''); аз забони ҳиндӣ (санскрит) ба маънои ''«ҷангал»'', ''«беша»'' (тибқи ''«Фарҳанги Нафисӣ»''); меваи ба зира монанд бо мағзак ва ташбеҳ (тибқи ''«Ғиёс-ул-луғот»''); ва ниҳоят – ''«гунҷишк»'' (тибқи ''«Туҳфат-ул-аҳбоб»'' ва ''«Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ»''). Гурӯҳи дигари муҳаққиқон, аз ҷумла И. М. Стеблин-Каменский, А. З. Розенфелд, В. Томашек ва А. Д. Девонақулов, вожаи ''«ванҷ»''-ро аз ''«ван»'' ба маънои ''«бед»'' гирифташуда медонанд.<ref name="fn1663" />
Ҳайдаров бо усули муқоисаи фарҳангномавӣ нишон медиҳад, ки маънои ''«гунҷишк»'' эҳтимолан натиҷаи хатои котибист: дар қадимтарин фарҳанги дастрас – ''«Луғати фурс»''-и Асадии Тӯсӣ (саҳ. 73) – барои ''«гунҷишк»'' на ''«ванҷ»'', балки ''«вунҷ»'' омадааст, ва азбаски дар хатти арабӣ навишти ин ду вожа якхела аст, ба андешаи муаллиф, дар фарҳангномаҳои баъдӣ ба ҷои ''«вунҷ»'' хатан ''«ванҷ»'' сабт гардидааст. Ин фарзияро ӯ бо далели дигар низ тақвият медиҳад: дар забони гуфтугӯии тоҷикӣ шаклҳои гуногуни калимаи ''«гунҷишк»'' – ''«вунҷишк»'', ''«бунҷишк»'', ''«гундишк»'' – ҳама пас аз ҳарфи аввал садоноки кӯтоҳи ''«у»''-ро мегиранд, на ''«а»''-ро. Аз ин муҳимтар, дар забони куҳани ванҷӣ худи вожаи ''«гунҷишк»'' тамоман калимаи дигаре буд – ''«курҷик»'' – монанди забони ҳамсояи имрӯзаи язғуломӣ (''«чуғак»'') ва шуғнонӣ (''«вудуч»''); агар водӣ ба номи ин парранда гузошта мешуд, мебоист ''«Курҷик»'' номида мешуд, на ''«Ванҷ»''.<ref name="fn1663" /> Ба ин тартиб, ба андешаи аксари муҳаққиқон, решаи бовариноктарини номи ''«Ванҷ»'' ҳамон вожаи ''«ван»'' ба маънои ''«бед»'' аст, ки дар забонҳои зиндаи имрӯзаи помирӣ низ боқӣ мондааст: шуғнонӣ ''«wank»'', бартангӣ ''«wanoch»'', рӯшонӣ ''«wanoj»'', орошорӣ ''«wanuj»''.<ref name="fn1663" />
Дар баробари ин, дар байни мардуми маҳаллӣ фарзияи дигаре низ роиҷ аст, ки тибқи он вожаи ''«ванҷ»'' муродифи калимаи ''«ганҷ»'' (яъне ''«хазина»'') мебошад. Ҳайдаров ин фарзияро ба падидаи табдили овозҳои ''«в»''→''«г»''→''«к»'' дар лаҳҷаи маҳаллӣ пайванд медиҳад, ки намунаҳои он дар ҷуфти калимаҳои боқимондаи забони куҳани ванҷӣ, ки то имрӯз дар нутқи шифоҳии мардум ҳамроҳи муодилҳои тоҷикиашон истифода мешаванд (масалан, ''«сару мангал»'', ''«санди нозо»'', ''«кари шумук»'', ''«гарми тумухч»''), ба назар мерасад.<ref name="fn1663" /> Вожаи ''«ганҷ»'' то имрӯз дар нутқи мардуми Ванҷ серистеъмол буда, ҳатто баъзе хӯрокворӣ (мисли ширравған), меваҳо (мисли тут) ва анбори неъмат (''«ганҷур»'') бо ҳамин ном ёд мешаванд; ибораи қадимии ''«ванҷи ману ганҷи ман»'', ки зиёда аз ҳазор сол вирди забони мардум аст, низ, ба назари муаллиф, метавонад далели воқеии ин пайванди маъноӣ бошад.<ref name="fn1663" />
Номи Ванҷ соли 2023 ба бузургтарин лозури Помир низ гузошта шуд: 31 июли соли 2023 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии [[Тоҷикистон]] лозури Федченко расман Ванҷях номгузорӣ гардид.<ref name="fn1010">[https://khovar.tj/rus/2024/06/lednik-vandzhyah-odin-iz-samyh-bolshih-lednikov-tadzhikistana-i-gornyh-sistem-mira/ Ледник Ванджях -- один из самых больших ледников Таджикистана и горных систем мира] (рус.) // НИАТ «Ховар», 9 июни 2024. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn1110">[https://rus.ozodi.org/a/32555126.html СМИ: крупнейший на Памире ледник Федченко переименован в «Ванджях»] (рус.) // Радиои Озодӣ, 20 августи 2023. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Ҷойгоҳ ==
Ноҳияи Ванҷ бо сарзамини 4430,5 км² дар миёни қаторкӯҳҳои [[Дарвоз]] ва Язғулом воқеъ аст. Дар шимол бо [[Сангвор|ноҳияи Сангвор]] (Тавилдараи пешин), дар шарқ бо [[Мурғоб|ноҳияи Мурғоб]], дар ҷануб бо [[Рӯшон|ноҳияи Рӯшон]], дар ғарб бо ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ва дар ҷанубу ғарб, аз тариқи рӯди Панҷ, бо ноҳияи Дарвози вилояти [[Бадахшон|Бадахшони]] [[Афғонистон]] ҳаммарз мебошад.<ref name="fn139" /> Марзи шарқии ноҳияро қаторкӯҳи Академияи илмҳо ташкил медиҳад.<ref name="fn1210">Republic of Tajikistan, map showing administrative division as of January 1, 2004, «Tojikkoinot» Cartographic Press, Dushanbe.</ref>
Аз шимолу шарқи ноҳия ба ҷанубу ғарби он рӯдҳои Ванҷ) ва Язғулом ҷорӣ мешаванд, ки ба рӯди Панҷ мерезанд. Сарзамини ноҳия ду водии нисбатан васеи Бадахшонро дар бар мегирад. Яке аз онҳо дараи рӯди Ванҷ аст, ки беш аз 150 км дарозо дорад ва аз лозурҳои Ҷамъияти ҷуғрофӣ, Хирсон ва Абдуқаҳҳор оғоз мегирад. Водии дигар дараи рӯди Язғулом аст, ки дар миёни қаторкӯҳҳои Язғулому Рӯшон ҷой гирифтааст. Ин ду водиро аз ҳамдигар қаторкӯҳи Ванҷ ҷудо мекунад.<ref name="fn1210" /> Баландии маҳал аз сатҳи дарё аз 1500 то 5000 метр мебошад.
Дар бораи сабаби номгузории қаторкӯҳҳои атрофи Ванҷ, Д. И. Эделман чунин таваҷҷуҳ медиҳад:
''«Названия хребтов в исконной топонимии не прослеживаются. Те наименования, которые мы видим сейчас на географических картах,— позднейшие. Они даны исследователями в основном по принципу смежности с той или иной долиной. Ванчский хребет отделяет Ванч от Язгулема, Язгулемский хребет — Язгулем от Рушана-Бартанга, Рушанский — долину Рушана от Гунта…»''
Тарҷума: ''«Номҳои қаторкӯҳҳо дар ҷойномҳоии аслӣ дида намешаванд. Номҳое, ки мо имрӯз дар харитаҳои ҷуғрофӣ мебинем, аз давраҳои баъдтаранд. Онҳоро муҳаққиқон асосан бар мабнои усули ҳамҷаворӣ бо ин ё он водӣ гузоштаанд. Қаторкӯҳи Ванҷ, Ванҷро аз Язғулом ҷудо мекунад, қаторкӯҳи Язғулом — Язғуломро аз Рӯшону Бартанг, қаторкӯҳи Рӯшон — водии Рӯшонро аз Ғунд…»''.<ref name="fn139" />
Дарёи Ванҷ (Ванҷоб) 103 км дарозӣ ва 2070 км² ҳавзаи обғундорӣ дорад. Он аз ҳамроҳшавии ду шохоб падид меояд: яке аз лозурҳои нишебии шимолии қаторкӯҳи Ванҷ сарчашма мегирад, дигаре бошад – аз нишебиҳои ғарбии қаторкӯҳи Академияи илмҳо. То резишгоҳи шохоби Кашолаях худи дарё номи Абдуқаҳҳорро дорад; танҳо пас аз ҳамроҳ шудан бо ин шохоб он ба номи Ванҷоб мубаддал мегардад. Сарфи миёнаи солонаи об дар резишгоҳи дарё 49,4 м³/с аст.<ref name="fn142">Ванч (рус.) // Большая советская энциклопедия. --- 3-е изд. --- М.: Советская энциклопедия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дарёи Язғулом 80 км тӯл кашида, масоҳати ҳавзаи он 1970 км²-ро ташкил медиҳад; қисми болоии он то ҳамроҳшавии дарёи Ракзов Мазордара номида мешавад, сарфи миёнаи об дар поёноби дарё 36,2 м³/с буда, ғизои дарёҳои ноҳия асосан барфию лозурист ва сермобтарин моҳ июл аст.<ref name="fn139" />
Тавсифи муфассали гидрографии дарёи Ванҷро низ капитан Кузнецов ҳанӯз соли 1892 сабт кардааст. Ба гуфтаи ӯ, дарё аз ду шохоб — оби-Кашолаях (аз рост) ва оби-Абдуқаҳҳор (аз чап) — сарчашма мегирад, ки худ аз лозурҳои Куҳи-Лазурӣ об мегиранд, ва номи муосири шохоби ''«Абдуқаҳҳор»'', ки ҳанӯз дар гуфтаи боло зикр омада буд, маҳз бо ҳамин навиштаи асри XIX мутобиқат мекунад:
''«Рѣка оби-Ванчъ, берущая начало двумя рѣками: правой оби-Кашалъ-Аякъ и лѣвой оби-Абдукогоръ изъ ледниковъ Куи-Лазырь, течетъ въ юго-западномъ направленіи въ большинствѣ случаевъ разливаясь на много рукавовъ и образуя массу острововъ–тугаевъ.»''
Тарҷума: ''«Дарёи оби-Ванҷ, ки аз ду рӯд — рости оби-Кашолаях ва чапи оби-Абдуқаҳҳор — аз лозурҳои Куҳи-Лозурӣ сарчашма мегирад, дар самти ҷанубу ғарбӣ ҷараён дошта, дар аксари ҳолат ба бисёр шохобчаҳо тақсим мешавад ва анбӯҳи ҷазираҳо — тӯғайҳоро ба вуҷуд меорад»''.<ref name="fn152">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 32.</ref> Кузнецов инчунин баландии рустоҳои соҳили дарёи Ванҷро аз сатҳи баҳр чен кардааст: аз резишгоҳи он ба Панҷ (5110 қадам) то рустоҳои Рохарв (6250 қадам), Бунай (6590 қадам), Техарв (7260 қадам), Старғ (7670 қадам) ва Ванван (8020 қадам); ва дар бораи қаторкӯҳи байни Ванҷу Язғулом, ки имрӯз бо номи қаторкӯҳи Ванҷ маъруф аст, чунин навиштааст:
''«Горный хребетъ, расположенный между рѣками Ванчъ и Язгулемъ, носитъ названіе Ванчскаго. Восточная его часть покрыта вѣчными снѣгами и ледниками, западная – скалистая. Растительности на немъ нѣтъ никакой.»''
Тарҷума: ''«Қаторкӯҳе, ки миёни дарёҳои Ванҷу Язғулом воқеъ аст, номи Ванҷро дорад. Қисми шарқии он бо барфу лозурҳои ҷовидона пӯшида аст, қисми ғарбӣ бошад — сахраист; дар он ҳеҷ гуна рустание вуҷуд надорад»''.<ref name="fn139" />
Ванҷ дар соҳили яке аз шохобҳои бузурги рости дарёи Панҷ (болооби Ому), ки бо номи Ванҷоб маъруф аст, ҷой гирифтааст. Масофа аз маркази ноҳия то шаҳри Хоруғ 176 км ва то шаҳри [[Душанбе]] 387 км аст.
Тавсифи аввалини илмии ҷуғрофии қаторкӯҳҳои иҳотакунандаи водии Ванҷ ба шарқшиноси рус А. А. Семёнов тааллуқ дорад, ки соли 1898 дар доираи экспедитсияи расмии граф А. А. Бобринский аз ин минтақа дидан карда буд. Ӯ дар китоби худ навиштааст:
''«Часть Дарваза по правую сторону Пянджа (Сѣверный Дарвазъ) занимаетъ западный склонъ Памирскаго плоскогорья: этотъ край изрѣзываютъ глубокими долинами рѣкъ: Пянджа и его притоковъ справа: Оби-Хингоу, Ванджа и Язгулина. Водораздѣломъ этихъ рѣкъ служатъ два высокихъ хребта: Дарвазскій, между рр. Оби-Хингоу и Ванджемъ, и Ванджскій,–между долинами Ванджа и Язгулина... Въ верховьяхъ Ванджа всѣ упомянутыя горныя цѣпи сходятся въ одинъ узелъ и сливаются съ Памирами.»''
Тарҷума: ''«Қисми Дарвоз, ки дар канори рости Панҷ ҷойгир аст (Дарвози Шимолӣ), нишеби ғарбии баландсаҳрои Помирро фаро мегирад: ин канораро водиҳои амиқи дарёҳо буридаанд – Панҷ ва шохобҳои рости он: Оби-Хингов, Ванҷ ва Язғулом. Марзи обҷудокунии ин дарёҳоро ду қаторкӯҳи баланд ташкил медиҳанд: Дарвоз – миёни рӯдҳои Оби-Хингову Ванҷ, ва Ванҷ – миёни водиҳои Ванҷу Язғулом... Дар болооби Ванҷ ҳамаи ин қаторкӯҳҳои зикршуда ба як гиреҳ мепайванданд ва бо Помир мепайванданд»''.<ref name="fn162">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 6.</ref>
Дар ҳамин гиреҳи кӯҳӣ, ки қаторкӯҳҳои Ванҷу Дарвоз бо Помир мепайванданд, Семёнов ағбаи баландеро ба қайд гирифтааст, ки ба болооби Ванҷ мебарад: ''«Въ этомъ горномъ узлѣ лежить на высотѣ свыше 15 тыс. футовъ надъ уровнемъ моря перевалъ Сытаргй въ долину р. Вандж, или Ванча»'' – тарҷума: ''«Дар ҳамин гиреҳи кӯҳӣ, дар баландии зиёда аз 15 ҳазор фут аз сатҳи баҳр, ағбаи Сытаргӣ ба водии дарёи Вандж (Ванҷ) ҷойгир аст»''.<ref name="fn1710">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 7.</ref>
=== Лозурҳо ва қуллаҳо ===
Болооби дараи Ванҷ, ки дар он ҷо рӯд номи Абдуқаҳҳор (Абдукагор)-ро дорад, аз калонтарин марказҳои лозурии Помир ба шумор меравад. Бузургтарин лозури ҳавзаи рӯди Ванҷ лозури Ҷамъияти ҷуғрофӣ мебошад, ки дар маҳалли пайвастшавии қаторкӯҳҳои Академияи илмҳо ва Дарвоз ҷой гирифта, дарозиаш 24,2 км ва масоҳаташ 64,4 км² аст. Ин лозур соли 1882 кашф гардида, соли 1928 ба шарафи Ҷамъияти ҷуғрофии [[Русия]] номгузорӣ шудааст.<ref name="fn184">[https://rgo.ru/activity/redaction/news/lednik-geograficheskogo-obshchestva-na-pamire-taet/ Ледник Географического общества на Памире тает] (рус.) // Сомонаи расмии Ҷамъияти ҷуғрофии Русия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар ҳавзаи Абдуқаҳҳор, дар нишебии ғарбии қаторкӯҳи Академияи илмҳо, лозури Хирс (дар адабиёти илмии русӣ – Медвежий) воқеъ аст, ки бо ҳаракатҳои даврии ногаҳонии худ (сёрҷ) дар ҷаҳон шуҳрат дорад. Дарозии лозури Хирс 15,8 км ва масоҳаташ 25,3 км² аст; ҳавзаи барфии он дар баландии беш аз 5500 м бо ҳавзаи лозури Ванҷях (Федченко) муштарак буда, забонаи борику дарози он бо яхшораи (ледопад) 900-метра аз ҳавзаи ғизогирии фирнӣ ба дараи чуқур, то баландии 2900 м, фуруд меояд.<ref name="fn195">Медвежий ледник // Словарь современных географических названий / Рус. геогр. о-во. Моск. центр; под общ. ред. акад. В. М. Котлякова. --- Екатеринбург: У-Фактория, 2006.</ref> Забонаи ин лозур дар зарфи чанд моҳ то 2 км ба поёни дара пеш рафта, маҷрои дарёи Абдуқаҳҳорро мебандад ва кӯли лозурӣ ба вуҷуд меоварад, ки шикофта шудани он ба обхезиҳои харобиовар дар водии Ванҷ оварда мерасонад. Чунин ҳаракатҳо дар солҳои 1916, 1937, 1951, 1963, 1973, 1989, 2001 ва 2011 ба қайд гирифта шудаанд.<ref name="fn202">[https://www.silkadv.com/en/content/lednik-medvezhiy-v-hrebte-akademii-nauk Ледник Медвежий в хребте Академии Наук] (рус.) // Silk Road Adventures. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ҳангоми ҳаракати соли 1963 лозур қариб 1,75 км пеш рафта, дараи Абдуқаҳҳорро баст ва дар он сол ду маротиба (19 июн ва 3 июл) обхезиҳои лозурӣ рӯй доданд. Соли 1973 садди яхине бо паҳноии тақрибан ним километр ва баландии саду панҷоҳ метр дараро банд карда, дар паси он кӯле бо чуқурии то 110 метр пайдо шуд; 19 июни соли 1973, вақте ки дар кӯл 27 млн м³ об ҷамъ омада буд, рахнашавии он ба амал омад.<ref name="fn212">[https://glaciallakes.narod.ru/articles/articl_other/3-1.htm Виноградов Ю. Б. Сведения о прорывах озёр, подпруженных ледниками] (рус.). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар қисмати шарқии қаторкӯҳи Язғулом, дар марзи ҷанубу шарқии ноҳия, қуллаи Истиқлол (то соли 2006 – қуллаи Революция; 6940 м) – чорумин қуллаи баланди Тоҷикистон қомат афрохтааст. Дар домани шимолии он лозури бузурги Федченко – дарозтарин лозури кӯҳии ҷаҳон берун аз минтақаҳои қутбӣ (77 км) оғоз меёбад.<ref name="fn222">[http://wiki.risk.ru/index.php/%D0%9F%D0%B8%D0%BA_%D0%A0%D0%B5%D0%B2%D0%BE%D0%BB%D1%8E%D1%86%D0%B8%D0%B8 Пик Революции] (рус.) // Wiki.risk.ru. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Ин лозур, ки соли 1878 онро Василий Ошанин кашф карда, ба шарафи табиатшинос Алексей Федченко номгузорӣ намуда буд, аз 31 июли соли 2023 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расман Ванҷях ном дорад.<ref name="fn1010" /><ref name="fn1110" /> Паҳноии миёнаи лозур 2 км ва ҳадди аксараш 5 км буда, ғафсии ях то 1 км ва ҳаҷми он ҳамроҳ бо шохобҳояш 144 км³ мерасад; лозур аз баландии 6200 м оғоз ёфта, забонааш то баландии 2909 м фуруд меояд ва дар силсилаи он 100 лозури хурду бузург, аз ҷумла 26 шохоби бевосита, ба ҳам пайвастаанд. Дар канори чапи лозур, дар баландии 4169 м, 7 августи соли 1933 истгоҳи гидрометеорологӣ кушода шуда буд, ки то соли 1995 бефосила кор кард ва соли 2004 дар доираи лоиҳаи байналмилалӣ дар он ҷо истгоҳи худкор насб гардид. Бар асари гармшавии иқлим лозур танҳо дар садаи XX дар танаи асосии худ тақрибан 15 км³ ях – даҳяки массаи худро – аз даст додааст.<ref name="fn1010" />
Тибқи баррасиҳои лозуршиносии охирин, масоҳати умумии лозури Ванҷях (Федченко) тақрибан 700 км² арзёбӣ мешавад ва ҳаҷми умумии яхи он, бар пояи ченкунии ғафсии қабати ях, 123,4 ± 28 км³ ҳисоб карда шудааст.<ref name="fn232">[https://www.cambridge.org/core/journals/journal-of-glaciology/article/evolution-of-fedchenko-glacier-in-the-pamir-tajikistan-during-the-past-eight-decades/0F2F382BD7954575E28B20128B7825E2 The evolution of Fedchenko glacier in the Pamir, Tajikistan, during the past eight decades] (англ.) // Journal of Glaciology. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар тӯли 93 соли мушоҳидаи илмӣ (1928-2021), суръати миёнаи тағйири баландии сатҳи лозур ба −0,46 метр дар сол расидааст, ҳарчанд дар ду фосилаи алоҳида – солҳои 1958-1980 ва 2010-2021 – коҳиши баландии забонаи лозур ду баробар аз меъёри дарозмуддат тезтар будааст.<ref name="fn242">[https://eartharxiv.org/repository/view/7474/ Multi-temporal elevation changes of Fedchenko Glacier, Tajikistan, from 1928 to 2021] (англ.) // EarthArXiv / Journal of Glaciology, 2024. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ченкуниҳои GNSS ва тасвирбардории радарии TanDEM-X нишон медиҳанд, ки мувозинати ҷирмии лозур аз −0,27 ± 0,05 метри муодили обӣ дар сол барои давраи 2000-2011 то −0,51 ± 0,04 метр дар сол барои давраи 2011-2016 бадтар шудааст, яъне суръати обшавии лозур дар даҳсолаи охир тақрибан ду баробар афзудааст.<ref name="fn252">Lambrecht A., Mayer C., Wendt A., Floricioiu D., Völksen C. Elevation change of Fedchenko Glacier, Pamir Mountains, from GNSS field measurements and TanDEM-X elevation models, with a focus on the upper glacier // Journal of Glaciology.</ref> Бо вуҷуди ин, азбаски забонаи лозур бо қабати ғафси хоку сангреза пӯшида аст, масоҳати намоёни он тайи даҳсолаҳо танҳо 1,4 фоиз тағйир ёфта, дар ҳоле ки ҳаҷми аслии яхи он коҳиши назаррас – тақрибан 5 км³ дар тӯли ҳашт даҳсола – доштааст.<ref name="fn232" /> Тибқи маълумоти барномаи UNEP GRID-Arendal, забонаи лозур аз соли 1933 инҷониб зиёда аз 1 километр ба ақиб нишастааст ва аз соли 1980 инҷониб тақрибан 50 метр паст шудааст.<ref name="fn262">[https://www.grida.no/resources/5274 Shrinking of Fedchenko Glacier in the Pamirs of Tajikistan] (англ.) // UNEP GRID-Arendal. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Пажӯҳиши соли 2026 дар маҷаллаи ''«Remote Sensing»'' доир ба ҳавзаи лозурии дарёи Вахш, ки низоми лозурии Ванҷях (Федченко)-ро низ фаро мегирад, нишон дод, ки масоҳати умумии лозурҳои ин ҳавза аз 4440,9 км² дар соли 2000 то 4087,1 км² дар соли 2018 коҳиш ёфта, барои соли 2025 тахминан 3955,2 км² пешбинӣ мешавад; яъне тайи солҳои 2000-2025 масоҳати умумии лозурҳо 485,7 км² (10,94 фоиз) кам шуда, коҳиши миёнаи солона ба 19,43 км² мерасад.<ref name="fn272">[https://www.mdpi.com/2072-4292/18/9/1436 Changes in Glaciers of the Vakhsh River Basin, Tajikistan Under Global Climate Change] (англ.) // Remote Sensing, ҷ. 18, № 9, мақолаи 1436, 2026.</ref>
Қисмати шарқии кӯҳистони ноҳия, аз ҷумла шарқи қаторкӯҳи Ванҷ ва минтақаи лозури Федченко, ба ҳудуди Боғи миллии Тоҷикистон дохил мешавад, ки соли 1992 таъсис ёфтааст ва моҳи июни соли 2013 таҳти унвони ''«Боғи миллии Тоҷикистон (кӯҳҳои Помир)»'' ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии [[ЮНЕСКО]] шомил гардид.<ref name="fn282">[https://news.un.org/ru/story/2013/06/1224271 Таджикский национальный парк «Горы Памира» включён в список Всемирного наследия ЮНЕСКО] (рус.) // Маркази ахбори СММ, июни 2013. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn292">[https://medt.tj/ru/tourism/tourism/1424-tajikskiy-natsionalniy-park-obekt-vsemirnogo-naslediya-unesco Таджикский национальный парк --- объект Всемирного наследия ЮНЕСКО] (рус.) // Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Заминҷунбӣ ===
Ноҳияи Ванҷ дар минтақаи аз ҷиҳати заминҷунбӣ фаъол ҷой дорад. 2 январи соли 2010 дар шарқи Тоҷикистон заминҷунбие бо бузургии 5,1-5,4 рух дод, ки дар натиҷаи он дар маркази ноҳияи Ванҷ ва деҳаҳои Роғу Гишхунбеш аз 1050 бино хароб гардида, тибқи баъзе маълумот то 20 ҳазор нафар зарар диданд ва зиёда аз ҳазор сокин муваққатан бесарпаноҳ монданд.<ref name="fn302">[https://ria.ru/earthquake_Tadjikistan_03012010/ Землетрясение магнитудой в 5,1 балла произошло в Таджикистане] (рус.) // РИА Новости, 2--3 январи 2010. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn312">[https://dialog.tj/table/smertonosnaya-stihiyato-rasskazyvaem-pro-samye-razrushitelnye-zemletryaseniya-v-tadzhikistane-i-mire/ Смертоносная стихия: рассказываем про самые разрушительные землетрясения в Таджикистане и мире] (рус.) // Диалог.TJ. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Иқлим ==
Иқлими ноҳияи Ванҷ қораӣ (континентӣ) аст; тобистонаш гарми бебориш, зимистонаш сарди камбарф; ҳарорати миёна дар моҳи июл 20-24 °C, дар январ аз −12 °C то −20 °C. Мизони борандагии солона 200-300 миллиметр аст. Баландиҳои 4000-5500 м марғзоранд, аз он болотар – тундраи кӯҳист. Дар баландкӯҳҳо иқлим ба куллӣ дигар аст: дар минтақаи лозури Ванҷях ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво ҳатто дар моҳҳои июн-сентябр ҳамагӣ +1,6 °C буда, миқдори солонаи боришот дар он ҷо ба 1192 мм мерасад, ки 99 дарсади он ба шакли барф меборад.<ref name="fn1010" />
=== Таснифи иқлимӣ ва механизмҳои ташаккулёбандаи он ===
Тибқи таснифи байналмилалии иқлимшиносии Кёппен-Гейгер (Köppen-Geiger), иқлими қисми асосии водиҳои поёнии ноҳияи Ванҷ ба гурӯҳи Dsa – ''«иқлими қораии мӯътадил бо тобистони гарму хушк»'' – мансуб дониста мешавад.<ref name="fn322">[[:en:Vanj_District|Vanj]] (англ.) // Wikipedia, the Free Encyclopedia. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ин рамз се хусусияти бунёдиро ифода мекунад: ҳарфи D нишон медиҳад, ки ҳарорати миёнаи сардтарин моҳи сол аз −3 °C поёнтар аст ва барф дар зимистон қабати устувор ташкил медиҳад, дар ҳоле ки гармтарин моҳ аз 10 °C болотар аст; ҳарфи s далолат мекунад, ки боришоти моҳи хушктарини тобистон ба маротиб камтар аз боришоти моҳи сербориштарини зимистону баҳор аст; ҳарфи a нишон медиҳад, ки ҳарорати миёнаи гармтарин моҳи сол аз 22 °C зиёдтар аст. Ин таснифот танҳо то баландиҳои тақрибан 2000-2500 метр эътибори комил дорад; бо боло рафтан аз ин сатҳ, иқлим ба категорияҳои сардтару намноки Dsb ва Dsc мегузарад, дар баландиҳои беш аз 3500-4000 метр ба категорияи E (иқлими тундраи кӯҳӣ) ва дар минтақаи лозурҳо, аз ҷумла дар ҳавзаи Ванҷях, ба категорияи EF (иқлими яхбандии доимӣ) табдил меёбад.<ref name="fn332">Outlook on climate change adaptation in the Central Asian mountains (англ.) // Carpathian Convention. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Иқлими ноҳия натиҷаи таъсири мутақобилаи се механизми асосии атмосферист. Дар фасли зимистон (аз ноябр то март) минтақа таҳти таъсири канораи ҷанубу ғарбии Антитсиклони Сибирӣ қарор мегирад, ки массаҳои ҳавоии сарду хушкро ба водиҳои Помир ворид карда, ҳавои софи вале шадидан сарди зимистонаро ба вуҷуд меорад.<ref name="fn342">Рамочная модель управления экологическими и социальными охранными мерами (РМУЭСОМ) (рус.) // ECDP.TJ. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар охири зимистону фасли баҳор, силсилабодҳои ғарбӣ (Westerlies), ки аз уқёнуси Атлантик ва баҳри Миёназамин ҷараён мегиранд, манбаи асосии намӣ ва боришот мебошанд; вақте ин сиклонҳо ба қаторкӯҳҳои баланди Ванҷу Язғулом бармехӯранд, раванди боришоти орографӣ (кӯҳсоз) рӯй медиҳад, ки боиси резиши миқдори зиёди борону барф мегардад. Дар моҳҳои июлу август бошад, гармшавии шадиди сатҳи замин дар биёбонҳои Афғонистону Эрон боиси пайдоиши минтақаҳои фишори паст мегардад, ки массаҳои ҳавоии тропикии хушкро ба минтақа ворид карда, равандҳои абрсозиро бозмедоранд ва давраи хушксолии тобистонаро фаро меоранд. Бо сабаби парокандагии шабакаи истгоҳҳои обуҳавосанҷӣ дар кӯҳистони Помир, таҳлили дақиқи микроиқлимҳои алоҳида – ҳатто бо истифода аз пойгоҳҳои додаҳои глобалӣ ба монанди MERRA-2 – то ҳанӯз кори мураккабе боқӣ мемонад.<ref name="fn352">[https://www.nature.com/articles/s41598-025-86366-4 Modeling of historical and future changes in temperature and precipitation in the Panj River Basin in Central Asia under the CMIP5 RCP and CMIP6 SSP scenarios] (англ.) // PMC. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Низоми ҳарорат ===
Маълумоти мушаххаси истгоҳҳои метеорологии маҳаллӣ манзараи дақиқтари низоми ҳароратиро пешкаш мекунанд. Тибқи таҳлили илмии соли 2024, ки бар асоси мушоҳидаҳои истгоҳи обуҳавосанҷии Хумроғӣ (воқеъ дар ҳавзаи болооби рӯди Ванҷ) анҷом дода шудааст, ҳарорати миёнаи солона дар ин минтақа тақрибан ба +9,9 °C баробар аст.<ref name="fn362">[https://www.mdpi.com/2072-4292/16/10/1730 Murodov, M.; Li, L.; Safarov, M.; Lv, M.; Murodov, A.; Gulakhmadov, A.; Khusrav, K.; Qiu, Y. A Comprehensive Examination of the Medvezhiy Glacier\\\'s Surges in West Pamir (1968--2023)] (англ.) // Remote Sensing. --- 2024. --- Ҷ. 16, № 10. --- Мақолаи 1730. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Гармтарин моҳи сол июл буда, ҳарорати миёнаи он ба +23,0 °C мерасад,<ref name="fn362" /> баъзе манбаъҳои дигар ҳарорати миёнаи июлро дар маркази ноҳия то +25 °C арзёбӣ мекунанд.<ref name="fn322" /> Тибқи маълумоти сомонаҳои обуҳавосанҷии оммавӣ, дар давоми рӯзҳои гарми тобистон (масалан, дар охири июлу аввали август) ҳарорати нимирӯзӣ метавонад ба таври муназзам то +27...+32 °C боло равад.<ref name="fn372">[https://www.gismeteo.ru/weather-vanch-336641/ Погода в Ванче сегодня] (рус.) // Gismeteo. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Сардтарин моҳи сол январ аст, ки тибқи маълумоти истгоҳи Хумроғӣ ҳарорати миёнааш аз −4,9 то −5,0 °C-ро ташкил медиҳад.<ref name="fn362" /><ref name="fn322" /> Ин рақам аз тавсифи умумии дар боло овардашуда (аз −12 то −20 °C), ки маъмулан дар сарчашмаҳои донишномавӣ дар бораи маркази ноҳия дода мешавад, фарқи назаррас дорад; чунин ба назар мерасад, ки ин тафовут на ихтилофи асл, балки натиҷаи фарқи мавқеи чен ва усули ҳисоб бошад – рақами дуюм эҳтимолан ба ҳарорати шабонаи ниҳоии сардтарин рӯзҳо ё ба минтақаҳои баландтари ноҳия дахл дорад, дар ҳоле ки рақами якум ҳарорати миёнаи моҳонаро дар як истгоҳи мушаххас инъикос мекунад. Муҳимтарин хусусияти ин иқлим амплитудаи миёнаи солонаи ҳарорат аст, ки ба 27,9 °C мерасад ва гувоҳи равшани набудани таъсири мӯътадилкунандаи баҳрҳо мебошад.<ref name="fn362" />
Ҳароратҳои фавқулода низ ба қайд гирифта шудаанд: тибқи як ҳуҷҷати арзёбии экологию иҷтимоӣ, дар моҳи июли соли 2013 ҳарорати ҳаво дар ноҳия то +36,6 °C расидааст, дар ҳоле ки дар моҳи январи соли 2012 пасттарин ҳарорати мутлақ −20,5 °C ба қайд гирифта шуд;<ref name="fn342" /> тафовути миёни ин ду нишондиҳанда – беш аз 57 дараҷа – худ далели равшани шиддати иқлими қораии кӯҳистонии ноҳия аст.
Бо ҳар 100 метр болоравии баландӣ, ҳарорати ҳаво, тибқи қонунияти умумии физикаи атмосфера, ба ҳисоби миёна 0,6 °C коҳиш меёбад; маҳз ҳамин градиенти амудӣ сабаб мешавад, ки дар ҳоле ки дар маркази ноҳия тобистон гармои то 30 дараҷа ҳукмфармост, дар баландиҳои болои 4000 метр шароити наздик ба зимистон боқӣ мемонад. Дар минтақаи лозури Ванҷях, тавре ки дар боло зикр гардид, ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво ҳатто дар моҳҳои июн-сентябр ҳамагӣ +1,6 °C-ро ташкил медиҳад, ки шабнаму яхбандии шабонаро дар он ҷо ҳатто дар авҷи тобистон табиӣ мегардонад.
=== Боришот ва намнокии ҳаво ===
Тақсимоти боришот дар ноҳияи Ванҷ, мисли ҳарорат, ба таври шадид вобаста ба баландӣ тағйир меёбад. Тибқи маълумоти истгоҳи Хумроғӣ, боришоти миёнаи солона дар ҳавзаи болооби рӯди Ванҷ ба 341 мм мерасад,<ref name="fn362" /> дар ҳоле ки дар қисматҳои поёнии водӣ ин рақам ба 200-300 мм наздик аст (ниг. боло), ва дар баъзе минтақаҳои миёнакӯҳ, тибқи баъзе сарчашмаҳо, то 626 мм низ мерасад.<ref name="fn322" /> Хусусияти муҳимтарин на ҳаҷми умумии боришот, балки тақсимоти бениҳоят нобаробари он дар тӯли сол аст: моҳи сербориштарин март буда, ба ҳисоби миёна 64 мм боришот дорад ва бо обшавии ҳамзамони барфҳои кӯҳӣ сатҳи оби Ванҷобу Язғуломро кескин боло мебарад; моҳи хушктарин бошад, август аст, ки миқдори боришот дар он ҳамагӣ ба 1 мм мерасад.<ref name="fn362" /> Тафовути 63-миллиметра миёни ин ду моҳ нишондиҳандаи равшани хушксолии мутлақи тобистона мебошад.<ref name="fn362" />
Намнокии нисбии ҳаво низ ба ҳамин ритми мавсимӣ пайравӣ мекунад: дар авҷи тобистон он метавонад то 18-24 фоиз коҳиш ёбад,<ref name="fn382">Погода в Ванче (Таджикистан) (рус.) // JSPRAV.ru. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> ки боиси бухоршавии босуръати намӣ аз сатҳи хоку баргу набот гардида, эҳтиёҷи кишоварзиро ба обёрии сунъӣ хеле меафзояд. Дар муқобил, дар минтақаи баландкӯҳии лозури Ванҷях, тавре ки дар боло омад, миқдори солонаи боришот ба 1192 мм мерасад, ки 99 дарсади он ба шакли барф меборад – рақаме, ки таъсири орографии (кӯҳсози) қаторкӯҳҳои Ванҷу Академияи илмҳоро ба таври возеҳ нишон медиҳад: ҳангоме ки массаҳои ҳавоии намнок ба ин деворҳои азим бармехӯранд, ба боло ҳаракат карда, сард мешаванд ва намии худро дар шакли боришоти шадид дар минтақаҳои баландтар мепартоянд, дар ҳоле ки водиҳои поёнӣ дар ''«сояи боришот»'' боқӣ мемонанд.
Хоки водиҳо ҷигарӣ ва чаманзорӣ (чимтолӣ); хоки кӯҳҳо ва нишебиҳои онҳо даштӣ ва марғзору баландкӯҳ, ҷо-ҷо регзор аст. Аксари хокҳо серсанганд.
Дар водиҳо набототи даштӣ, дар кӯҳҳо ва доманаи онҳо дарахтони бед, арча, сафедор, буттаҳои ангат, зирк, бушол, настаран; дар баландии 2000-4000 м камол, юған, торон, ревоҷ (чукрӣ), куруш, фарк, курт, бодом, жағн, тӯс (буруҷ) ва ғайра мерӯянд. Дар водии Ванҷ дарахтони мевадор, аз қабили тут, зардолу, себ, чормағз хеле фаровонанд ва ҳосили хуб медиҳанд.
Аз ҳайвоноти ваҳшӣ паланг, хирс, гург, шағол, рӯбоҳ, оҳу, суғур, заргӯш, аз парандагон гунҷишк, ғулба, кабки реза, кабки дарӣ (ҳилол), кафтар, боз, ғалевоз, уқоб ва ғайра вомехӯранд.
=== Минтақабандии амудии эко-иқлимӣ ===
Бо сабаби тафовути шадиди баландӣ – аз 1500 метр дар қисматҳои поёнии водӣ то беш аз 6000 метр дар қуллаҳо – иқлими ноҳияи Ванҷ якранг нест, балки аз занҷираи пайдарпайи минтақаҳои эко-иқлимӣ иборат аст, ки ҳар кадоме шароити хоси гармову намнокӣ ва набототу ҳайвоноти мувофиқи худро доранд.
Дар баландии 1500-2000 метр, дар водиҳои Ванҷу Водхуд, иқлим гармтарину мусоидтарин аст; маҳз дар ҳамин минтақа, тавре ки дар боло зикр шуд, дарахтони меваовар – тут, зардолу, себу чормағз – ҳосили фаровон медиҳанд. Аз баландии 2000 то 4000 метр иқлим сардтар мешавад ва набототи дарахтии гармидӯст ҷои худро ба буттаву гиёҳҳои тобовар ба хушкии тобистона медиҳад; маҳз ҳамин минтақа, тибқи таҳқиқоти экологии барномаҳои ҷаҳонии ҳифзи табиати Осиёи Марказӣ, макони зисти намудҳои нодири эндемикӣ – аз ҷумла гиёҳи [*Nepeta badachschanica]* ва шабпараки нодири кӯҳӣ [*Parnassius autocrator]* – маҳсуб мешавад.<ref name="fn392">[https://portals.iucn.org/library/node/48972 World Heritage thematic study for Central Asia] (англ.) // IUCN Portals. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар баландии 4000-5500 метр, дар минтақаи тундраи кӯҳӣ ва марғзорҳои алпӣ, набототи дарахтӣ комилан аз байн меравад ва танҳо гиёҳҳои пастқад, ушна ва сангфаш (лишайник) боқӣ мемонанд; фаунаи ин минтақа – аз ҷумла паланг, хирс, суғур ва кабки дарӣ (ҳилол) – бештар дар фасли тобистон ба ин баландиҳо мебарояд ва бо фарорасии зимистон ба минтақаҳои поёнии гармтар муҳоҷирати амудӣ мекунад.<ref name="fn392" /> Ниҳоят, аз баландии 5500 метр боло, дар минтақаи нивалӣ-лозурӣ, олами яхбандии доимӣ оғоз мешавад, ки ба иқлими қутбҳои Замин монандӣ дорад ва манбаи асосии ғизогирии лозурҳои бузурги ноҳия, аз ҷумла лозури Ванҷях, ба шумор меравад.
=== Хатарҳои гидрометеорологӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ===
Иқлими шадидан қораии ноҳияи Ванҷ, ки бо боришоти пуршиддати баҳорӣ ва хушксолиҳои шадиди тобистона тавсиф мешавад, минтақаро ба яке аз осебпазиртарин ноҳияҳо аз лиҳози хатарҳои гидрометеорологӣ дар тамоми ҳавзаи рӯди Панҷ табдил додааст.<ref name="fn402">Climate Change Vulnerability Assessment Republic of Tajikistan: Building Climate Resilience in the Pyanj River Basin (англ.) // Climate Investment Funds (CIF). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ду омили асосии иқлимӣ сабабгори аксари сел ва обхезиҳо мебошанд. Аввал, вақте ки боришоти шадиди баҳорӣ бо баландшавии ногаҳонии ҳарорат ҳамроҳ мешавад, барфҳои нишебиҳои кӯҳӣ босуръат об шуда, заминро аз ҳад зиёд сернам мекунанд ва ба лағжиши қабатҳои замин ва фаромадани селҳои лойқадор оварда мерасонанд.<ref name="fn362" /> Дуюм, ҳангоме ки ҳарорати нимирӯзии тобистона ба атрофи +30 °C мерасад, суръати обшавии лозурҳо ба ҳадди аксар расида, метавонад боиси обхезиҳои ногаҳонии кӯлҳои лозурӣ гардад,<ref name="fn382" /> падидае, ки, тавре ки дар бахши ''«Лозурҳо ва қуллаҳо»'' зикр гардид, дар мисоли лозури Хирс борҳо ба амал омадааст.
Тибқи арзёбии осебпазирии иқлимӣ, ки дар доираи лоиҳаи минтақавии ''«Ташаккули устувории иқлимӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ»'' анҷом дода шудааст, деҳаҳои ноҳияи Ванҷ, аз ҷумла дар ҷамоатҳои Водхуду Язғулом, дар қатори минтақаҳои дорои хатари миёна ва баланди зарар аз сел ва обхезӣ гурӯҳбандӣ шудаанд.<ref name="fn402" /><ref name="fn412">[https://www.adb.org/projects/45354-002/main 45354-002: Building Climate Resilience in the Pyanj River Basin] (англ.) // Asian Development Bank. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Барои коҳиш додани ин осебпазирӣ, дар доираи лоиҳаҳои байналмилалии мутобиқшавӣ ба иқлим, дар ҳудуди ҷамоати Водхуд корҳои мустаҳкамкунии соҳили рӯди Ванҷоб ва барқарорсозии лӯлаҳои оби полезӣ анҷом дода шудаанд, ки ҳадафи онҳо ҳифзи заминҳои кишоварзӣ аз сел ва кафолати таъминоти об дар давраҳои хушксолии шадид мебошад.<ref name="fn402" /> Ин гуна тадбирҳои инфрасохторӣ, дар якҷоягӣ бо гузариш ба неруи барқи хурди обӣ (ниг. бахши ''«Энергетика»'') ва вобастагии иқтисоди хонаводаҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ (ниг. бахши ''«Муҳоҷирати меҳнатӣ»''), нишондиҳандаи равшани он мебошанд, ки иқлими шадиди кӯҳистонӣ на танҳо омили табиӣ, балки муайянкунандаи асосии тарзи зиндагӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ванҷ боқӣ мемонад.
{| class="wikitable"
|+Ҷадвали 1. Хулосаи нишондиҳандаҳои иқлимии ноҳияи Ванҷ<ref name="fn362" /><ref name="fn322" /><ref name="fn342" /><ref name="fn372" /><ref name="fn382" />
!Нишондиҳанда
!Қимат
!Тавзеҳ
|-
|Ҳарорати миёнаи солона
| +9,9 °C
|Истгоҳи Хумроғӣ
|-
|Ҳарорати миёнаи июл (гармтарин моҳ)
| +23,0...+25,0 °C
|Хумроғӣ / маркази ноҳия
|-
|Ҳарорати миёнаи январ (сардтарин моҳ)
|−4,9...−5,0 °C
|Истгоҳи Хумроғӣ
|-
|Амплитудаи миёнаи солонаи ҳарорат
|27,9 °C
|Нишондиҳандаи иқлими қораӣ
|-
|Максимуми мутлақ (рекорд)
| +36,6 °C
|Июли соли 2013
|-
|Минимуми мутлақ (рекорд)
|−20,5 °C
|Январи соли 2012
|-
|Боришоти солона (Хумроғӣ)
|341 мм
|Ҳавзаи болооби рӯди Ванҷ
|-
|Моҳи сербориштарин
|64 мм
|Март
|-
|Моҳи хушктарин
|1 мм
|Август
|-
|Намнокии нисбии ҳаво дар тобистон
|18-24 %
|–
|}
== Таърих ==
Ванҷ таърихи чандинҳазорсола дорад, ки осори таърихии он то ҳол пойбарҷоянд, аммо касе аз донишмандони таърих ва бостоншиносони тоҷик ба пажӯҳиши ҷиддии ин ганҷинаи таърих домани ҳиммат барназадааст. Сағонаҳо ва дахмаҳои Ванҷ худ далели ошкори таърихи чандҳазорсолаи ин куҳанбуманд. Бо ин ҳама, таърихи навини водӣ дар осори муаррихони тоҷик – мақолаи академик [[Раҳим Масов]] ''«Оид ба таърихи водии Ванҷ»'' ва китобҳои профессор [[Ҳайдаршо Пирумшоев]] – мавриди баррасии махсус қарор гирифтааст.<ref name="fn422">Масов Р. М. К истории Ванчской долины // Мероси ниёгон. --- Душанбе, 1999. --- № 4. --- С. 20--30.</ref><ref name="fn211" />
Сарнавишти таърихии Ванҷ аз дигар мавзеъҳои тоҷикнишини Бухорои Шарқӣ ва ғарби Бадахшон чандон фарқе надошт. Фоҷиаҳое, ки дар ин ё он гардиши таърихӣ, мисли ҳуҷуми муғулҳо, темуриён ва тозиши дигар қабилаҳои кӯчии туркнажод ва хунрезиҳои ваҳшиёна дар давраи парокандагии феодалӣ рух доданд, бар ин сарзамин бетаъсир набуданд. Тоҷиконе, ки зери таъқибу фишори аҷнабиён қарор гирифта буданд, барои ҳифзи ҷони худ ба тагнои ин дараҳои дастнорас, ба каронаҳои рӯдҳои кӯҳӣ паноҳ бурданд ва ба ҷойҳои дурдасте кӯчиданд, ки сокинони маҳаллӣ дар он солиёни дароз бо кӯшишу ранҷи сахт қитъаҳои хурди заминро барои кишт созгор мекарданд.
Далели мустақими мардумшиносии ин падидаи муҳоҷират аз ҷониби шарқшиноси рус А. А. Семёнов, ки соли 1898 дар доираи экспедитсияи расмии граф А. А. Бобринский ба кӯҳҳои Зарафшону [[Қаротегин|Қаротегину]] Дарвоз сафар карда буд, сабт гардидааст:
''«Обитатели долины Ванджа говорили, что ихъ долина заселена недавно, лѣтъ сто тому назадъ, выходцами съ Хингоба. Это переселеніе, замѣтимъ, на Вандж съ Хингоба продолжается, вѣроятно, и до сихъ поръ: намъ здѣсь приходилось встрѣчать много туземцевъ, которые родились въ долинѣ Хингоба и недавно переселились на Ванджъ. Туземцы Дарваза по Пянджу передавали, что ихъ отцы заселили правый берегъ рѣки, когда лѣвый былъ занятъ, и пришли сюда изъ долины Хингоба, туда же переселились съ Ях-Су.»''
Тарҷума: ''«Сокинони водии Ванҷ мегуфтанд, ки водии онҳо на чандон пеш, тахминан сад сол қабл, аз ҷониби муҳоҷирони аз Хингов омада маскун шудааст. Ин муҳоҷират, бояд қайд кард, аз Хингов ба Ванҷ, эҳтимол, то ба имрӯз низ идома дорад: мо дар ин ҷо бисёр сокинонеро вохӯрдем, ки худашон дар водии Хингов таваллуд шуда, ба наздикӣ ба Ванҷ кӯчида буданд. Сокинони бумии Дарвоз дар соҳили Панҷ нақл мекарданд, ки падарони онҳо соҳили рости дарёро – вақте ки соҳили чап аллакай ишғол шуда буд – маскун сохтаанд ва ба ин ҷо аз водии Хингов омада буданд, ки худ пеш аз он аз Ях-Су ба он ҷо кӯчида буд»''.<ref name="fn432">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 20.</ref> Ин маълумоти мардумшиносӣ, ҳарчанд бар асоси ривояти шифоҳии сокинон дар охири асри XIX сабт шуда ва набояд ҳамчун санади мутлақи таърихӣ пазируфта шавад, бо ин ҳама, бо тасвири умумии дар боло овардашуда – ки водиро паноҳгоҳи гурезагони кӯҳистонӣ аз минтақаҳои гуногун меҳисобад – ҳамоҳангии комил дорад. Дар бораи таърихи куҳантари Ванҷ ҳанӯз манбаъи мувассақе ба даст нарасидааст. Аммо аз таҳқиқоти донишмандони руси тоинқилобӣ ва муҳаққиқони аҳди шӯравӣ бармеояд, ки Ванҷ қариб то охири асрҳои миёна истиқлоли худро нигоҳ медошт. Ин назарро донишманди маъруф, мутахассиси таърихи Бухорои Шарқӣ ва Бадахшон Б. Искандаров чунин баён кардааст:<ref name="fn442">Искандаров Б. И. Восточная Бухара и Памир во второй половине XIX в. Ч. 1--2. --- Душанбе, 1962--1963.</ref>
Аз мулкҳои қаламрави Дарвоз сокинони Ванҷ нисбатан мустақилияти воқеъиро соҳиб буданд. Ин ноҳияро кӯҳҳои баланд иҳота мекунанд ва он аз шоҳроҳи пайвандгоҳи мулкҳои кишвар дар канор, дар наздикиҳои доманаи лозури Федченко ҷой дорад. Аз ин ҷиҳат мулки номбурда барои аҷнабиён дастнорас буд. Ба ин нигоҳ накарда, хонҳои Қӯқанд дар охири асри XVIII - ибтидои XIX борҳо барои ғасбу тобеъ намуданаш кӯшиш ба харҷ додаанд, вале ҳама талафоту харҷашон беҳуда анҷом ёфтааст.
Ванҷ дар замони истилои муғулон ва салтанати [[Темуриён]], [[Шайбониён]] ва [[Аштархониён]] ба таври расмӣ ҷузъи қаламрави онҳо шинохта мешуд, аммо амалан мустақил буд. Ин вазъиятро метавон дар замони ташаккули давлатдории Қӯқанд (авохири асри 18 - нимаи якуми асри 19) низ мушоҳида кард. Мувофиқи маълумоти маъхазҳо, Ванҷ то замони эътироф кардани ҳукумати шоҳи Дарвоз Исмоил (1845-1863) истиқлоли худро нигоҳ дошт. Дар замони ҳукмронии шоҳони вопасини Дарвоз (1863-1877) Ванҷ бахше аз қаламрави он ҳисоб меёфт. Баъд аз пайвастани Ванҷ ба Дарвоз иқтидори ҳокимони Дарвоз афзоиши чашмгире дошт, зеро бо ҳамроҳ шудани паҳлавонони ҳузарби ванҷӣ ба сафи лашкари Исмоилшоҳ имконоти ҷангии ӯ бамаротиб афзуд. Дар бораи муносибати мураккаби Ванҷ бо ҳокимони марказии Дарвоз, ки байни итоат ва муқовимат дар навасон буд, шаҳодати арзишманди дигаре аз офицери Штаби Генералии Русия, капитан А. Кузнецов боқӣ мондааст, ки соли 1892 ба таври пажӯҳиши ҳарбӣ аз Дарвоз дидан кардааст. Тибқи гузориши ӯ, гоҳе Шоҳони Дарвоз маҷбур мешуданд бар зидди бекҳои саркаши Ванҷ лашкар бифиристанд:
''«Тѣмъ не менѣе этимъ переваломъ во время оно Дарвозскіе Ша посылали войска съ артиллеріей въ Ванчъ на усмиреніе непокорныхъ бековъ, которые портили по Пянджу дорогу и занимали оборонительно тѣснины этой рѣки.»''
Тарҷума: ''«Бо ин ҳама, тавассути ҳамин ағба буд, ки замоне Шоҳони Дарвоз лашкар бо тӯпхона ба Ванҷ мефиристоданд, барои ба итоат овардани бекҳои саркаше, ки роҳи канори Панҷро вайрон мекарданд ва тангноҳои ин дарёро ба таври мудофиавӣ ишғол менамуданд»''.<ref name="fn452">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 12–13.</ref> Мисоли дигари ин рӯҳияи истиқлолхоҳонаи Ванҷ дар хотираи мардумӣ низ маҳфуз мондааст: тибқи иттилои Кузнецов, тахминан 120 сол пеш аз боздиди ӯ, яъне дар замони Шоҳ Иброҳими Дарвоз, ҳокими Ванҷ — Шабосхон — бо роҳи ағбаи Кашолаях ба Сариқул барои ғорати қирғизҳо лашкар кашида буд:
''«Послѣдній разъ этимъ переваломъ ходилъ управитель Ванча Шабосъ-ханъ въ Сары-Колъ грабить киргизъ. Это было 120 лѣтъ тому назадъ во время Дарвозскаго Ша-Ибрагима.»''
Тарҷума: ''«Бори охирин аз ҳамин ағба ҳокими Ванҷ, Шоҳаббосхон барои ғорати қирғизҳо ба Сариқул гузашта буд. Ин ҳодиса 120 сол пеш, дар замони Шоҳи Дарвоз Иброҳим, рӯй дода буд»''.<ref name="fn462">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 21–22.</ref>
Тибқи ривояти маҳаллӣ, ки муаррихон Р. Масов ва Ҳ. Пирумшоев дар асари бунёдии худ ''«Файзи истиқлол дар "Боми ҷаҳон"»'' сабт кардаанд, дар деҳаи Кулумбаи Боло то ба имрӯз нишонаҳои коркарди тилло боқӣ мондаанд, ки гӯё дар замони истилои муғулон навкарони Чингизхон мардуми маҳаллиро маҷбуран ба ин фаъолият сафарбар карда буданд.<ref name="fn472">Масов Р. М., Пирумшоев Ҳ. Файзи истиқлол дар «Боми ҷаҳон». --- Душанбе: Дониш, 2011. --- 412 с. --- ISBN 978-99947-2-004-0. --- С. 362--363.</ref> Ин ривоят нишон медиҳад, ки ҳарчанд қудратҳои бузург метавонистанд нуфузи худро ба таври муваққатӣ ва барои истихроҷи захираҳо таҳмил кунанд, онҳо ҳеҷ гоҳ натавонистанд назорати пурраи маъмуриро дар ин дараҳои маҳкам барқарор намоянд. Дар замони салтанати Темуриён низ, тибқи маълумоти муаррихи асримиёнагӣ Абдурраззоқи [[Самарқанд|Самарқандӣ]], агарчи минтақа расман дар итоати Темур буд, он аз ҷониби шоҳони маҳаллӣ идора мешуд ва ҳатто дар лашкари Темур ҳангоми муҳосираи Қалъаи Калот (соли 1381 милодӣ) дастаҳое аз сокинони Дарвозу Қаротегин хидмат мекарданд, ки гувоҳи иқтидори ҳарбии ин кӯҳистониён аст.<ref name="fn472" />
Дар охири асри XVIII ва нимаи якуми асри XIX хонҳои Қӯқанд якчанд маротиба кӯшиши тобеъ намудани Ванҷу Дарвозро ба харҷ доданд: дар замони салтанати Умархон (1810-1822) ва Мадалихон лашкаркашиҳои пайдарпай ба самти Қаротегину Дарвоз сурат гирифтанд; чунончи соли 1834 Мадалихон бо сарварии Машариф Атолиқ лашкари бузургеро барои саркӯб кардани шоҳзодагони фирории қӯқандӣ ба ин манотиқ фиристод, ки боиси даргириҳои шадид бо сипоҳиёни маҳаллӣ гардид.<ref name="fn482">Мудабирзода. Диссертатсия // Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш, 2025.</ref> Бо вуҷуди ин талошҳо ва хароҷоти зиёди ҳарбӣ, тавре ки дар боло аз қавли Искандаров зикр гардид, Ванҷ мустақилияти воқеии худро нигоҳ дошт.
Бо таваҷҷуҳ ба ин мавзӯъ, намояндаи расмии идораи Русия дар Туркистон Г. А. Арандаренко чунин қайд намудааст:
Дар давраи Исмоилшоҳ ба дарвозиён фурсат даст дод, ки ҳокимияти худро на танҳо дар Қаротегин ва Шуғнон густариш диҳанд, балки аз [[Кӯлоб|Кӯлобу]] [[Ҳисор]] низ боҷ биситонанд, гарчи дар муддати на чандон тӯлонӣ ҳам бошад.
Тибқи таҳқиқоти навтарин, Исмоилшоҳ дар авҷи иқтидори худ ба ин доираи васеъ ҳатто Рӯшонро низ тобеъ карда буд.<ref name="fn482" /> Вақте ки дар охирҳои солҳои 1860-ум ҳокимони Кӯлобу Ҳисор – Сарахон ва Абдулкаримбий – бо лашкари тахминан 50 ҳазор нафара ба муқобили ӯ бархостанд, Исмоилшоҳ бо дастгирии неруҳои содиқи худ, аз ҷумла паҳлавонони ванҷӣ, ба онҳо муқовимати шадид нишон дод.<ref name="fn482" />
Баъди ба Русия ҳамроҳ кардани Осиёи Миёна, амир Музаффар (1860-1885) бо дастгирии фармондори вилояти Туркистон манотиқи мустақиллу нимамустақилли Бухорои Шарқиро тасарруф кард ва нерӯҳои ҳарбии худро бо сарварии Худойназар (зимистони солҳои 1877-78) ба воситаи ағбаи Работ ба Қалъаи Хумб фиристод. Худойназар Қалъаи Хумбро ишғол кард, сипас ба самти Ванҷ ҳаракат намуд. Дар наздикии деҳаи Кеврон набарди сахте рӯй дод ва аскарони амир тавонистанд лашкари Дарвозро шикаст дода, таъқиби сарбозони боқимондаро идома диҳанд. Дастаи размандагони ихтиёрии Ванҷ ҳаракати сарбозони амирро дар назди Қалъаи Рохарв – маркази Ванҷ боздоштанд. Баъди муҳосираи бенатиҷаи қалъа сарбозони амир ба Қалъаи Хумб баргаштанд. Ванҷ баъди тобеъ шудани шоҳии Дарвоз боз ду сол истиқлоли худро нигоҳ дошт. Дар давраи салтанати сулолаи манғитиён Ванҷ яке аз амлокдориҳои нисбатан бонуфузи бекии Дарвоз ба шумор мерафт.
Амлокдори Ванҷро ''«мир»'' ва ё ''«шоҳ»'' меномиданд, яъне мири Ванҷ ё шоҳи Ванҷ. Вижагии вазифаи мирӣ дар Ванҷ дар ин буд, ки номзадии мири Ванҷро бо машварат ва ройзании шахсиятҳои бонуфузи маҳаллӣ пешбарӣ мекарданд, сипас мири Дарвоз бар ӯ мувофиқат мекард ва аз амири Бухоро таъйиди ниҳойӣ дарёфт мешуд. Ҷамъ намудани андоз ва уҳдадориҳои феодалӣ ба зиммаи мир гузошта шуда буданд.
Муҳимтарин санади таърихӣ, ки сохтори деҳаҳо ва демографияи ин давраро тасдиқ мекунад, ҳуҷҷати барӯйхатгирии саросарии [[Аморати Бухоро]] дар соли 1914 мебошад. Тибқи ин санад, ки 6-уми моҳи рабиъу-с-сонии соли 1332-и ҳиҷрӣ (мутобиқ ба марти соли 1914) аз тарафи беки Дарвоз Абдусатторбек Бийи Додхоҳ бо муҳр тасдиқ шудааст, маркази амлокдории Ванҷ расман дар деҳаи Рохарв (макони Қалъаи Ванҷ) сабт гардидааст.<ref name="fn492">Ванҷ ва Язгулом 112 сол пеш аз ин // Газетаи мардумии СССР. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ин рӯйхати нодир нишон медиҳад, ки аксари мутлақи деҳаҳои имрӯзаи водӣ ҳанӯз сад сол қабл бо ҳамон номҳои таърихии худ вуҷуд доштанд ва қисми узвии сохтори маъмурии амлокдорӣ буданд.<ref name="fn492" />
Сокинони водии Ванҷ [[Инқилоби Октябр|Инқилоби Октябрро]] нисбатан хуб пазируфтанд, вале пас аз муддати кӯтоҳе муборизони маҳаллии муқовимат, аз пайравони Фузайл Махсум ва дигарон, ки бо номи ''«босмачиён»'' маъруфанд, чандин бор бо Артиши Сурх ва давлати шӯравии мустақарр дар Ванҷ даргир шуданд. Дар ин даргириҳо барои дифоъ аз ҳукумати шӯравӣ фидоиёни маҳаллӣ, мисли М. Давлатов, С. Раупов, Т. Шарифов, В. Эҳсонов, У. Меҳралишоев, Ҷ. Сафоев, Қ. Собиров ва дигарон ширкат доштанд.
Тафсилоти иловагӣ дар бораи ҳамин рухдодҳо — аз ҷумла робитаи онҳо бо мудохилаи Британия дар минтақа — дар мақолаи Т. Г. Абаева дар бораи пажӯҳишҳои А. В. Станишевский омадааст:
''«Басмаческий налет весной 1929 г. на Гарм и на Ванчский район Западного Памира был осуществлен под руководством капитана Вуда-Балларда, помощника малакандского политического агента по Читральскому княжеству.»''
Тарҷума: ''«Ҳамлаи босмачиён дар баҳори соли 1929 ба Ғарм ва ба ноҳияи Ванҷи Помири Ғарбӣ таҳти роҳбарии капитан Вуда-Баллард, ёрдамчии агенти сиёсии малаканд оид ба амораи Читрал, амалӣ гардид.»''.<ref name="fn502">Абаева Т. Г. Исследования А. В. Станишевского (Азиза Ниалло) о Памире // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 281.</ref>
Бино бар сарчашмаҳои таърихӣ, дар асрҳои миёна Ванҷ се ниҳиштаи маъдани оҳансанг дошт. Ҳанӯз дар оғози асри XX истихроҷи оҳан, гудохтани он ва оҳангарӣ яке аз пешаҳои асосии мардуми маҳаллии Ванҷ буд, ки бо ин пеша манотиқи муҷовирро бо оҳан ва афзоли хоҷагӣ, асбоби кишоварзӣ, корду шамшер ва дигар аслиҳа таъмин мекарданд.<ref name="fn512">Камалиддинов Ш. С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX --- начала XIII вв. --- Ташкент: Ӯзбекистон, 1996.</ref> Ин касби мардумии ванҷиёнро шарқшиноси маъруф М. С. Андреев ҳанӯз соли 1926 дар рисолаи махсуси худ ''«Истеҳсоли оҳан дар водии Ванҷ»'' муфассал тавсиф кардааст.<ref name="fn522">Андреев М. С. Выработка железа в долине Ванча (верховья Аму-Дарьи). --- Ташкент, 1926.</ref>
Тибқи маълумоти иловагӣ дар бораи ин ҳунари мардумӣ, гудозиши оҳан дар кӯраҳои махсуси заминӣ - чиндонҳо, ки аз сангҳои тарошиданашуда ва гил сохта мешуданд, анҷом мепазируфт; оташро тавассути дамҳои аз пӯсти буз сохташуда меафрӯхтанд ва ҳамчун сӯзишворӣ аз ангишти чӯб ва барои афрӯхтани оташ, буттаи кӯҳии ''«пӯш»''-ро истифода мекарданд.<ref name="fn532">[https://istmat.org/files/uploads/43175/i.e.hodorov_tadzhikistan_v_narodnom_hozyaystve_sssr.pdf Ходоров И. Е. Таджикистан в народном хозяйстве СССР] (рус.) // Исторические материалы (istmat.org). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Як чунин кӯра тавоноӣ дошт, ки дар як шабонарӯз то 240 килограмм маъданро коркард намояд ва раванди пайвастаи гудозиш аз 2 то 5 шабонарӯз идома меёфт;<ref name="fn532" /> маҳз ҳамин технологияи маҳаллӣ ба Ванҷ имкон медод, ки аз воридоти металл аз берун вобаста набошад ва артиши худро бо аслиҳаи сард таъмин карда, худкифоии ҳарбию иқтисодиро кафолат диҳад.
Шаҳодати мустақил ва қадимтарини мустанад дар бораи ин анъанаи оҳангарӣ, ки бисту се сол пеш аз тадқиқоти Андреев сабт шудааст, аз гузориши капитан Кузнецов (соли 1892) бармеояд:
''«Серебро имѣется въ Джумарчскомъ амилякдарствѣ, свинецъ, олово у кишлака Вараунъ, желѣзо по р. оби-Ванчъ, главнымъ образомъ въ окрестностяхъ кишлака Техарви, кишлака Потау и кишлака Вань-Вань. Туземцы берутъ желѣзную руду, лежащую только на верхнихъ слояхъ земли; обжигаютъ ее въ особо-устроенныхъ печахъ, причемъ изъ 2 пудовъ руды получается желѣза полъ-пуда.»''
Тарҷума: ''«Нуқра дар амлокдории Ҷумарҷ мавҷуд аст, сурбу қалъагӣ — дар канори рустои Баравн, оҳан бошад — дар канори дарёи Ванҷ, асосан дар атрофи рустоҳои Техарв, Потов ва Ван-ван. Бумиён маъдани оҳанро, ки танҳо дар қабатҳои болоии замин ҷой дорад, бармедоранд; онро дар кӯраҳои махсус месӯзонанд, ки дар натиҷа аз ду пуд маъдан ним пуд оҳан ба даст меояд»''.<ref name="fn542">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 55–56.</ref> Кузнецов инчунин истихроҷи тиллоро дар ҳавзаи дарёи Ванҷ (дар канори Сағирдашту Язғулом), ки бо усули ибтидоии кӯшмаву ғалбер сурат мегирифт, тасвир кардааст ва аз байни ҳунарҳои дастии амлокдории Ванҷ, махсусан кордсозиро зикр намудааст:
''«Изъ кустарнаго производства обращаетъ на себя вниманіе только выдѣлка ножей въ Ванчскомъ амилякдарствѣ, да повсюду приготовленіе мату для одежды.»''
Тарҷума: ''«Аз ҳунарҳои дастӣ танҳо кордсозӣ дар амлокдории Ванҷ ва — дар ҳама ҷо — тайёр кардани мату барои либос таваҷҷуҳро ҷалб мекунад»''.<ref name="fn552">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 68.</ref>
Ванҷ аз замони [[Сомониён]] то соли 1877 ҳукумате мустақил дошта, фармонравоёни онро шоҳ мехондаанд. Соли 1878 амири Бухоро ба Дарвоз лашкар кашид ва пас аз хиёнати баъзе дарвозиён ба Дарвоз муставлӣ шуд; Дарвозро бекигарӣ ва Қалъаи Хумбро қароргоҳи урдуи манғитиён гардонд. Дарвоз тайи солҳои 1878-1920 яке аз бекигариҳои Бухоро буд ва бек дар Қалъаи Хумб менишаст ва мир хонда мешуд. Бо вуҷуди ин ҳама, Ванҷ зоҳиран дар итоати бекигарӣ буд, вале истиқлоли худро нигаҳ дошт ва пои шуми сипоҳи манғитиён ба Ванҷзамин нарасид.
Тафсилоти иловагӣ дар бораи лаҳзаҳои ниҳоии хонигарии мустақили Дарвоз низ дар ҳамин гузориши Кузнецов сабт шудааст. Тибқи маълумоти ӯ, дар арафаи суқут, аз тамоми қаламрави собиқи хонигарӣ ба охирин Шоҳи Дарвоз — Сераҷетдин — танҳо чанд мулки марказӣ, аз ҷумла худи Ванҷ, боқӣ монда буд:
''«...послѣднему дарвозскому Ша Сераджетдину принадлежали только Кала-и-Хумбъ, Ванчъ, Язулемъ, всѣ амилякдарства лѣваго берега Пянджа съ Хагономъ включительно, Хуллезъ и Вахія.»''
Тарҷума: ''«...ба охирин Шоҳи дарвозӣ Сироҷидин танҳо Қалъаи Хумб, Ванҷ, Язғулом, тамоми амлокдориҳои соҳили чапи Панҷ то Ҳагонро (Деҳагон, Деҳхагон) дар бар гирифта, инчунин Хулоз ва Вахё тааллуқ доштанд»''.<ref name="fn562">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 5.</ref> Ва ҳангоме ки соли 1878 сипоҳи бухороӣ бо сарварии Худойназар-Атолиқ ногаҳон ба Қалъаи Хумб наздик шуд, Сироҷидин-Шоҳ бидуни ҷанг таслим гардид, вале роҳи гурези худро маҳз аз тариқи Ванҷ интихоб намуд:
''«Сераджетдинъ-Ша сдалъ крѣпость безъ бою, а самъ бѣжалъ черезъ Ванчъ въ Кокандъ къ Худаяръ-хану.»''
Тарҷума: ''«Сироҷидин-Шоҳ қалъаро бидуни ҷанг таслим кард, худаш бошад, аз тариқи Ванҷ ба Қӯқанд, назди Худоёрхон гурехт»''.<ref name="fn572">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 6.</ref>
Соли 1895 бекигарии Дарвоз, ки дар ҳар ду канораи рӯди Панҷ қарор дошт, дар паи ҷаҳонгириҳои Русия ва Британия дупора гардид: канораи рост ба аморати Бухоро ва канораи чап ба Афғонистон дода шуд.<ref name="fn582">Постников А. В. Схватка на «Крыше Мира»: политики, разведчики и географы в борьбе за Памир в XIX веке. --- М.: Памятники исторической мысли, 2001. --- 416 с. --- ISBN 5-88451-100-0.</ref>
Ванҷ то соли 1920 амлокдории Қалъаи Ванҷи бекигарии Дарвози аморати Бухоро буд. Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 Ванҷ аз соли 1920 то 1924 чун тумани Ванҷ дар ҳайати вилояти Ғарми [[Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро]] ҷой дошт. Солҳои 1925-1926 Ванҷ чун ҷузъи тумани Қалъаихумби вилояти Ғарми ҶМШС Тоҷикистон ҳисоб меёфт. Солҳои 1926-1930 волости Ванҷ дар ҳайати ВМКБ буд. Солҳои 1930-1933 Ванҷ чун қисми ҳудуди ноҳияи Қалъаихумб бевосита дар тобеъияти ҷумҳурӣ буд.
Тибқи Қарори Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон аз 29 майи соли 1933, №46 расман ноҳияи Ванҷ таъсис ёфта, то соли 1937 дар тобеъияти бевоситаи ҷумҳурӣ қарор дошт. Дар асоси Қарори Президиуми КИМ-и Шӯроҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 августи соли 1937, №43 ноҳияи Ванҷ бо ҳамаи деҳшӯроҳояш: Ванҷ, Водхуд, Рованд, Техарв, Жовуд ва Язғулом расман ба ҳайати ҳудудии ВМКБ гузаронида шуд. Бино бар ин, ноҳияи Ванҷ ҳамчун воҳиди маъмурӣ дар ҳайати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 11 августи соли 1937 ташаккул ёфтааст.
{| class="wikitable"
|+Ҷадвали 2. Таҳаввулоти маъмурию ҳудудии Ванҷ (то соли 1878 – соли 1937)
!Марҳилаи таърихӣ
!Мақоми маъмурию ҳудудӣ
!Тобеияти давлатӣ/минтақавӣ
|-
|То соли 1878
|Мухторияти комил / Иттиҳод бо Дарвоз
|Идоракунии мустақил таҳти сарварии шоҳ
|-
|1878-1920
|Амлокдории Қалъаи Ванҷ
|Бекигарии Дарвоз, Аморати Бухоро
|-
|1920-1924
|Тумани Ванҷ
|Вилояти Ғарми Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро
|-
|1925-1926
|Ҷузъи тумани Қалъаихумб
|Вилояти Ғарми ҶМШС Тоҷикистон
|-
|1926-1930
|Волости Ванҷ
|Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
|-
|1930-1933
|Қисми ноҳияи Қалъаихумб
|Тобеияти бевоситаи ҶШС Тоҷикистон
|-
|29 майи 1933
|Ноҳияи Ванҷ (таъсиси мустақил)
|Тобеияти бевоситаи ҶШС Тоҷикистон
|-
|11 августи 1937
|Ноҳияи Ванҷ бо 6 деҳшӯро
|Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ)
|}
Дар нимаи солҳои 1950-ум сиёсати муҳоҷиркунонии аҳолии кӯҳистон ба водиҳои пахтакор ба Ванҷ низ бетаъсир намонд: соли 1954 сокинони водии Язғулом ба ноҳияи Куйбишеви водии Вахш кӯчонида шуданд. Гармои тоқатфарсо, беморшавии оммавӣ ва фавти зиёди кӯдакон ин муҳоҷиратро барои кӯчидагон фоҷиабор гардонд ва бахши зиёди онҳо тадриҷан ба зодгоҳи худ баргаштанд, ҳарчанд на ҳама; як ҷамоаи язғуломизабон то имрӯз дар водии Вахш боқӣ мондааст.<ref name="fn592">[https://iling-ran.ru/web/ru/scipop/blog/1911_edelman Из полевых записей середины прошлого века. Об экспедициях в язгулямский язык в 1950-х гг.] (рус.) // Сомонаи Пажӯҳишгоҳи забоншиносии Академияи илмҳои Русия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn602">[http://field-ling.moscow/c/language/yazghulami/ Язгулямский язык] (рус.) // Экспедиции Московской школы полевой лингвистики. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn612">Астрономические знания язгулемцев (рус.) // Восток (Oriens). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Осори таърихӣ ==
Дар қаламрави Ванҷ мавзеъ, осор ва ёдгориҳои таърихии бисёр вуҷуд доранд, вале то ҳол таҳқиқоти шоистае дар ин росто анҷом наёфтааст. Тибқи омори соҳаи сайёҳии ВМКБ, дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ ба ҳолати соли 2024 15 ёдгории таърихию фарҳангӣ ба қайд гирифта шудааст.<ref name="fn622">[https://ctd.tj/2024/03/30/%D1%85%D0%B0%D0%B1%D0%B0%D1%80-%D0%B0%D0%B7-%D2%B7%D0%B0%D2%B3%D0%BE%D0%BD-%D0%B0%D0%B7-%D1%82%D0%B0%D0%B1%D0%B8%D0%B0%D1%82-%D0%B1%D0%B0-%D1%81%D0%B0%D0%BD%D1%8A%D0%B0%D1%82%D0%B8-%D0%B8%D0%BD/ Аз табиат ба санъати инсонӣ: 7 муъҷизаи нави ҷаҳонӣ номида шуд] // Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30 марти 2024. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Барои дарки мантиқи ҷойгиршавӣ ва моҳияти ин осор, бояд заминаи таърихию сиёсии ташаккули онҳоро дарк намуд. Бино бар маълумоти таърихномаҳои асримиёнагӣ, дар садаҳои VII-VIII қаламрави кунунии Ванҷ ҷузъи вилояти таърихии Кумед буд, ки болооби дарёи Вахшро фаро гирифта, сарзамини имрӯзаи ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ва шимоли Бадахшонро дар бар мегирифт.<ref name="fn632">[[Таърихи Тоҷикистон]] // Википедиа. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Баъдтар, дар асрҳои миёна, Ванҷу Дарвоз як сарзамини воҳидро ташкил дода, бо номи ''«Курон»'' ёд мешуданд, ки маркази он деҳаи кунунии Кеврон будааст.<ref name="fn642">Таърихи шаҳр // Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Маҳз дар ин заминаи қадимии сиёсӣ, ки бо мустақилияти нисбии маҳаллӣ ва хатари доимии ҳуҷумҳои беруна тавсиф мешуд, эҳтиёҷ ба бунёди қалъаҳои мустаҳкам ба миён омад.
Пеш аз тавсифи муфассали Мушкетов, қадимтарин шаҳодати мустанади русиро дар бораи ин қалъа низ капитан Кузнецов дар гузориши соли 1892-и худ сабт кардааст. Ӯ зимни тавсифи амлокдории Ванҷ чунин навиштааст:
''«Ванчское амилякдарство расположено по р. Ванчъ и частью по правому берегу р. Пянджъ. Мѣстопребываніе амилякдара кишлакъ Кала-и-Рохарвъ (на нашихъ картахъ Кала-и-Ванчъ); имѣется небольшая крѣпостца.»''
Тарҷума: ''«Амлокдории Ванҷ дар канори дарёи Ванҷ ва қисман дар соҳили рости дарёи Панҷ ҷойгир аст. Маҳалли иқомати амлокдор рустои Қалъаи Рохарв аст (дар харитаҳои мо — Қалъаи Ванҷ); дар он қалъачаи хурде мавҷуд аст»''.<ref name="fn652">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 79.</ref>
Ин иттилои Кузнецов, ки бисту се сол пеш аз тавсифи муфассали Мушкетов сабт шудааст, собит месозад, ки номи ''«Қалъаи Ванҷ»'' барои Рохарв аллакай дар харитаҳои расмии охири асри XIX ба кор мерафт ва Рохарв аз ҳамон замон ҳамчун маркази маъмурии амлокдории Ванҷ шинохта мешуд.
Қалъаи Ванҷ дар баландии соҳили рости Ванҷоб, дар масофаи 15 км аз резишгоҳи он ба дарёи Панҷ воқеъ гашта буд. Мавқеъияти ин қалъа аз нигоҳи ҳарбию стратегӣ бисёр созгор будааст ва ба муҳофизонаш имкон медодааст, ки муддати тӯлонӣ аз худ дифоъ кунанд. Тавсифи илмии Рохарв ва қалъаи онро ҳанӯз соли 1916 узви Ҷамъияти ҷуғрофии Русия Д. И. Мушкетов интишор додааст.<ref name="fn510" /> Дар мақолаи худ, ки натиҷаи боздиди шахсии ӯст, Мушкетов мавқеи стратегии Рохарвро чунин тавсиф кардааст:
''«Административнымъ центромъ Ванча всегда былъ и есть базарный кишлакъ Рохаръ (или Рохарвъ) въ 40 дворовъ, расположенный на правомъ берегу рѣки, въ двадцати верстахъ выше ея устья, на высотѣ 5.950 футъ, у моста, ведущаго къ перевалу Гушхонъ, запирая собой, слѣдовательно, единственный конный путь на Язгулемъ, Рошанъ и Памиръ. Это важное стратегическое положеніе и было использовано древними правителями Ванча – «Шо», воздвигнувшими здѣсь крѣпость (Кала-и-Ванчъ) и избравшими ее для своей резиденціи.»''
Тарҷума: ''«Маркази маъмурии Ванҷ ҳамеша рустои бозории Рохар (ё Рохарв) буд ва то ҳол ҳамин аст – бо 40 хонавода, дар соҳили рости дарё, дар бисту версти болотар аз резишгоҳи он, дар баландии 5950 қадам, назди пуле, ки ба ағбаи Гушхон мебарад, ва бо ин васила ягона роҳи аспсаворро ба Язғулом, Рӯшон ва Помир мебандад. Маҳз ҳамин мавқеи муҳими стратегӣ буд, ки ҳокимони қадимии Ванҷ – «Шоҳ»-ҳо – истифода бурда, дар ин ҷо қалъа (Қалъаи Ванҷ) бино карданд ва онро барои худ қароргоҳ интихоб намуданд»''.<ref name="fn662">Мушкетов Д. И. Рохаръ (Кала-и-Ванчъ). --- Петроградъ: Типографія М. М. Стасюлевича, 1916. --- (Отдѣльный оттискъ изъ тома LII (1916 г.) Извѣстій Императорскаго Русскаго Географическаго Общества № 876). --- С. 7.</ref> Мушкетов инчунин интихоби маҳалли қалъаро аз нигоҳи амниятӣ шарҳ додааст:
''«Мѣсто выбрано весьма хорошо и удобно, на возвышеніи, съ котораго открытый видъ во всѣ стороны, и долина Ванча, какъ на ладони; рѣка отъ стѣнъ крѣпости въ 3 қулочяхъ, но для обезпеченности водоснабженія имѣлся къ ней подземный ходъ; невдалекѣ, на луговинѣ у рѣки, имѣется прудикъ, наполняемый ключемъ теплой, солоноватой воды, предоставляющій идеальное купанье.»''
Тарҷума: ''«Ҷой хеле хуб ва мувофиқ интихоб шудааст, дар баландие, ки аз он манзараи кушода ҳар тараф дида мешавад ва тамоми водии Ванҷ мисли кафи даст намоён аст; дарё аз деворҳои қалъа дар масофаи 3 қулочӣ ҷой дорад, вале барои таъмини бехатари обтаъминкунӣ роҳи зеризаминӣ ба он вуҷуд дошт; дар наздикӣ, дар марғзори лаби дарё, ҳавзчае ҳаст, ки аз чашмаи оби гарму намакини он пур мешавад ва барои шиноварии беҳамто мувофиқ аст»''.<ref name="fn662" /> Дар бораи сохти худи қалъа Мушкетов навиштааст:
''«Постройка, конечно, глинобитная, но довольно массивная, со стѣнами до 4 қулочей высотой, обнесенными съ трехъ сторонъ рвомъ, съ бойницами и пятью угловыми башнями. Внутреннія перегородки частью деревянныя, равно какъ и колонны, балки и двери, тонкой, старинной рѣзной работы.»''
Тарҷума: ''«Бино, албатта, гилину похсагин, валекин бисёр мустаҳкаму матин аст, бо деворҳои баланди чаҳорқулоча, ки аз се сӯйи он, хандақе бар гирди он кандаанд, бо тиркашҳову бурҷҳои панҷгонаи кунҷӣ. Деворҳои миёнгини дохилӣ, қисман, чӯбинанд, ҳамчунин, сутунҳову болорҳову дарҳои он, ки бо кандакории нафису куҳан оростаанд»''.<ref name="fn662" />
Мушкетов санаи боздиди худ ва оғози кашидани нақшаи қалъаро низ қайд кардааст: ''«Многое уже разрушено (мое посѣщеніе относится къ 11 іюля 1905 г.), но общее расположеніе еще сохранилось и я, пользуясь обстоятельными поясненіями почтеннаго шейха-токсабы Ванча, снялъ планъ всей крѣпости»'' (тарҷума: ''«Бисёр чиз аллакай хароб шудааст (боздиди ман ба 11 июли соли 1905 рост меояд), вале тартиби умумӣ то ҳол нигоҳ дошта шудааст ва ман, бо истифода аз тавзеҳоти муфассали шайх-тӯксабои эҳтиромноки Ванҷ, нақшаи тамоми қалъаро кашидам»'').<ref name="fn662" />
Нақшаи қалъа, ки Мушкетов кашидааст, 27 ҳуҷраву қисми қалъаро бо рақам нишон медиҳад, ки шарҳи онҳо чунин аст:<ref name="fn662" />
Ур - обдорхона
Дарвозахона – ҳуҷраи нигаҳбонону дарбонон
Ҳуҷраи навкарҳо
Бадарравхона – ҳоҷатхона
Долон – ҳавлии аспҳо
Ахтахона – оғилхона, ва болои он анборхонаи алаф
Пештоқ – гузаргоҳи пӯшида
Фаррошхона – ҳуҷраи сайисон
Пештоқи дуюм (баландии 3 қулоч)
Гулгунхона – ҳуҷраи пазириши меҳмонон
Ҳуҷраи худи шоҳ
Қӯрғон – сарбозхона (харобшуда)
Ғуломгардиш – долони мамониаткунандаи дидани занони дар боғ гардандагӣ
Ошхона – ошхона
Роҳрав – долон
Ғуломгард – гузаргоҳ ба қисми занона
Хазина – ҳуҷраи хазинадорӣ
Ҳаммом – ҳаммом
Пештоқи занона
Ҳуҷраи зани шоҳ – тобистона
Ҳуҷраи зани шоҳ – зимистона
Тӯпхона – манора
Рӯйи ҳавлӣ – ҳавлии пӯшида
Ҳарам (харобшуда)
Анборхона (болои ҳуҷраи 16)
Манора – ҳоло ҳуҷраи меҳмонон – меҳмонхона
Оғози роҳи зеризаминӣ ба сӯи дарё
Дар масофаи як версти болотари Рохар, дар канори роҳ, Мушкетов ду гӯри қадимиро низ ба қайд гирифтааст: ''«Въ верстѣ выше Рохара по долинѣ, около дороги, двѣ древнихъ гробницы съ фигурными стѣнами, имѣющими какое-то отношеніе къ крѣпости; интересно, что на могильномъ шестѣ, помимо обычныхъ куска матеріи и конскаго хвоста (на боковой перекладинѣ), сверху помѣщены изображенія сложенной руки (ладони) и голубя»'' (тарҷума: ''«Дар як версти болотар аз Рохар, дар паҳлӯи роҳ, ду гӯри қадимӣ бо деворҳои нақшдор ҳастанд, ки бо қалъа алоқаи муайяне доранд; ҷолиб ин аст, ки бар болои чӯби қабр, ба ғайр аз пораи матоъ ва думи асп (дар чӯби паҳлӯӣ)-и маъмулӣ, тасвири дасти гирдкардашуда (кафи даст) ва кабутар низ гузошта шудааст»'').<ref name="fn662" />
Ба ғайр аз ин, Мушкетов дар поварақи худ ёдовар шудааст, ки ягона роҳи воридшавӣ ба водӣ аз тарафи Панҷ низ бо қалъаи хурди дигаре мустаҳкам карда шуда буд: ''«Этотъ единственный выходъ кромѣ того очень искусно былъ загражденъ небольшой крѣпостцей, остатки которой еще видны на изолированномъ холмѣ въ устьѣ Ванча»'' (тарҷума: ''«Ин ягона баромадгоҳ аст, илова бар ин, хеле моҳирона бо қалъачаи хурде масдуд шуда буд, ки бақоёи он то ҳанӯз дар теппаи ҷудоуфтодаи резишгоҳи Ванҷ ҳувайдоанд»'').<ref name="fn672">Мушкетов Д. И. Рохаръ (Кала-и-Ванчъ). --- Петроградъ, 1916. --- Тавзеҳот, №4.</ref>
Тибқи мушоҳидаи ӯ, қалъа бевосита дар масири корвонрав ба сӯи ағбаи Гишхун қарор дошт, ки тавассути он роҳи корвонӣ ба водии Язғулом ва аз он ҷо ба самти баландкӯҳҳои Помир мерасид.<ref name="fn682">[https://poxod.ru/guidebook/darvaz/p_darvaz_dolinarekivagdm_a.html Долина реки Ванч] // Свободный туризм (poxod.ru). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Пеш аз он ки Мушкетов худ соли 1905 аз қалъа боздид кунад, тавсифи мухтасартаре аз он – тахминан 13 сол пештар – аллакай ба қалами А. А. Семёнов тааллуқ дошт, ки соли 1898 шахсан аз қалъа дидан кардааст:
''«Въ низовьи р. Ванджа лежитъ самый значительный кишлакъ долины, Кал'аи-Ванджъ, или Кал'аи-Рохарвъ (крѣпость Ванджа, крѣпость Рохарвъ). Укрѣпленіе въ немъ до сихъ поръ на обрывистомъ берегу довольно хорошо сохранилось. Стѣны крѣпости–мѣстами глинобитныя, мѣстами сложены изъ кирпичей и камней. По бокамъ лицевой стороны крѣпости–двѣ полуразрушенныхъ зубчатыхъ башни.»''
Тарҷума: ''«Дар поёноби рӯди Ванҷ бузургтарин рустои водӣ ҷойгир аст – Қалъаи Ванҷ, ё Қалъаи Рохарв (қалъаи Ванҷ, қалъаи Рохарв). Истеҳкоми он то ба имрӯз дар соҳили баланди дарё нисбатан хуб нигоҳ дошта шудааст. Деворҳои қалъа ҷо-ҷо аз гил, ҷо-ҷо аз хишти пухтаву санг сохта шудаанд. Аз ду тарафи рӯи қалъа ду манораи нимвайрони дандонадор қарор доранд»''.<ref name="fn692">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 8.</ref> Муҳимтар аз ҳама, Семёнов санаи тахминии бунёди қалъа ва номи бинокори онро сабт кардааст – маълумоте, ки то кунун дар ягон манбаи дигари дастраси мақола наомадааст:
''«Крѣпость, по преданію, была построена лѣтъ двѣсти тому назадъ дарвазскимъ ханомъ, Азиз-Ханомъ, и, вѣроятно, не разъ служила хорошую службу ея защитникамъ во времена независимаго Дарваза. Теперь въ ней живетъ амлякдаръ (начальникъ округа) долины Вандж.»''
Тарҷума: ''«Қалъа, тибқи ривоят, тахминан дусад сол пеш аз ҷониби хони дарвозӣ – Азиз-Хон – бино ёфтааст ва эҳтимол, борҳо ба муҳофизони худ дар давраи истиқлолияти Дарвоз хидмати шоиста кардааст. Ҳоло дар он амлокдор (сарвари ноҳия, яъне шоҳ)-и водии Ванҷ зиндагӣ мекунад»''.<ref name="fn702">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 8--9.</ref> Азбаски китоб соли 1903 нашр шуда ва мушоҳидаи муаллиф соли 1898 сурат гирифтааст, ин ривоят санаи бунёди қалъаро тахминан ба солҳои 1698-1700 рабт медиҳад.
Семёнов инчунин ду навиштаи девории қалъаро айнан нусхабардорӣ кардааст: як байти форсӣ дар бораи гардиши бераҳмонаи рӯзгор, ва як ёдгории русии сайёҳони соли 1896 – ''«Прибылъ разъѣздъ 25 числа августа за старшаго общивкй Яковъ. Черновъ. и джигить Николай Каплун и перевочикъ Ашурбай. 1896 года»'' (тарҷума: ''«Гурӯҳи саворагон 25 августи соли 1896 омаданд: сардор Яков Чернов, ҷигит Николай Каплун ва тарҷумон Ашурбой»'').<ref name="fn702" />
Гумон меравад, ки дар тамоми ҳавзаҳои Бадахшон сукунати одамон ба як давраи таърихӣ мансуб будааст. Ёдгориҳои манзилӣ ва меъмориву мудофеавии асримиёнагии ғарби Бадахшон, ки дар деҳаи Баравни ҷамоати деҳоти Водхуд воқеанд ва аз ҷиҳати амнияти ҳарбӣ бисёр муносибу побарҷоянд, бо камоли таассуф, то кунун таҳқиқи шоиста нашудаанд.
Нақшу нигораҳои рӯйи харсангҳои водии Язғулом, ки дар деҳаҳои Жамаг, Андарбоғ ва Мотравн ба даст омадаанд, агарчи ҳанӯз комилан омӯхта нашудаанд, гувоҳи муътамаде аз ҳузури мардум ва сукунати онон аз замонҳои бостонӣ дар ин минтақа ҳастанд. Дар байни ин сангнигораҳо, ки ба навъи умумии петроглифҳои Помиру Бадахшон шабоҳат доранд, тасвири нахчир (бузи кӯҳӣ бо шохҳои калон), саҳнаҳои шикор бо камон, рамзҳои офтобӣ ва изи дасту пойи инсон бештар вомехӯранд; дар мифологияи мардумони эронитабор бузи кӯҳӣ рамзи покиву ҳосилхезӣ ва иртибот бо олами боло дониста мешавад.<ref name="fn622" />
Дар қаламрави Ванҷ, ба монанди дигар минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон, сағонаҳо ва дахмаҳои сангии куҳан низ аз насл ба насл боқӣ мондаанд, ки далели ошкори таърихи чандҳазорсолаи ин сарзамин мебошанд. Чунин иншооти дафнӣ, ки дар ҷойҳои махсуси сангӣ, дар баландиҳо ё ғорҳо бунёд меёфтанд, эҳтимолан боқимондаи анъанаҳои дафнии пешазисломӣ мебошанд; тибқи баъзе оинҳои қадими маҳаллӣ (аз ҷумла эътиқодоти наздик ба дини зардуштӣ), ҷасади фавтида набояд бо унсурҳои муқаддаси табиат – хок, об ё оташ – тамос мегирифт.<ref name="fn622" /> Ҳарчанд имрӯз тамоми аҳолии ноҳия мусулмони суннии ҳанафимазҳабанд ва расму оини дафни исломиро ба таври қатъӣ риоя мекунанд, мавҷудияти ин сағонаву дахмаҳо аз як давраи гузариши тӯлонии фарҳангӣ ва қабатҳои гуногуни динию эътиқодӣ дар минтақа хабар медиҳад.
Ёдгориҳои бостонии Помири Ғарбӣ, аз ҷумла мавзеъҳои қаламрави Ванҷ, дар силсилаи бунёдии ''«Харитаи бостоншиносии Тоҷикистон»'' – муҷаллади марбут ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки бостоншинос М. А. Бубнова таълиф намудааст ва ёдгориҳои давраи сангро то садаи XX фаро мегирад, – ба қайд гирифта шудаанд.<ref name="fn712">Бубнова М. А. Горно-Бадахшанская автономная область. Западный Памир (памятники каменного века --- XX в.). --- Душанбе, 2008. --- (Археологическая карта Таджикистана).</ref>
Илова бар ёдгориҳои меъморӣ ва дафнӣ, мероси беназири саноатии Ванҷ – боқимондаҳои кӯраҳои қадимии оҳангудозӣ (домнитсаҳо) – низ бахши муҳими осори таърихии ноҳия ба шумор мераванд. Тибқи маълумоти иқтисоддон И. Е. Ходоров, ки соли 1929 таҳлилҳои М. С. Андреевро дар бораи ин ҳунар тасдиқ ва иқтибос овардааст, дар боварҳои мардумии ванҷиён металли ҳосили ин кӯраҳо на танҳо арзиши истеҳсолӣ, балки хосияти шифобахш низ дошт: маҳсули онро ''«барои табобати ҳар гуна бемориҳо пешбинӣ карда, ба ҷойи дардманд мегузоштанд»''.<ref name="fn532" /> Ин боварҳо нишон медиҳанд, ки осори саноатии Ванҷ бо мероси ғайримоддӣ ва эътиқодоти мардумӣ пайванди зич доштааст, ва имрӯз боқимондаҳои ин кӯраҳо, харобаҳои коргоҳҳо ва партовҳои маъданӣ (шлакҳо) дар дараҳои Ванҷ метавонанд ҳамчун мавзеи нодири ''«бостоншиносии саноатӣ»'' мавриди пажӯҳиши минбаъда қарор гиранд.
Сарчашмаи аввалини сабти илмии ин ҳунар – 23 сол пеш аз рисолаи Андреев (1926) – низ ба Семёнов тааллуқ дорад:
''«Богатыя залежи желѣзной руды въ верховьяхъ р. Ванджа даютъ горцамъ Ванджской долины неисчерпаемый матеріалъ для различнаго рода желѣзныхъ издѣлій, которыя удовлетворяютъ самымъ разнообразнымъ требованіямъ домашняго обихода горныхъ таджиковъ и потому расходятся изъ этой огромной кузницы, какова долина Ванджа, по всему Дарвазу, Каратегину и Язгуляну, проникая даже въ отдаленные и трудно достижимые уголки Рошана, Шугнана и Вахана.»''
Тарҷума: ''«Захираҳои фаровони маъдани оҳан дар болооби рӯди Ванҷ ба кӯҳистониёни водии Ванҷ маводи беохири намудҳои гуногуни маснуъоти оҳанӣ медиҳанд, ки эҳтиёҷоти гуногуни рӯзгори тоҷикони кӯҳӣ қонеъ мегардонанд ва аз ин кӯрахонаи азим, яъне водии Ванҷ, ба тамоми Дарвозу Қаротегину Язғулом паҳн мешаванд, ҳатто ба гӯшаҳои дурдасту дастнораси Рӯшону Шуғнону Вахон низ ворид мегарданд»''.<ref name="fn722">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 62.</ref>
Семёнов инчунин номи мушаххаси деҳаеро сабт кардааст, ки дар он раванди коркарди оҳанро шахсан мушоҳида намудааст: ''«Самый способъ добыванія желѣза намъ пришлось наблюдать во кишлакѣ Сытаргъ, на Ванджѣ»'' (тарҷума: ''«Худи усули истихроҷи оҳанро мо тавонистем дар рустои Старғ, дар Ванҷ, мушоҳида кунем»'').<ref name="fn722" /> Ӯ ҳамчунин тавсифи мубодилаи тиҷоратии маснуоти оҳании Ванҷро бо минтақаҳои ҳамсоя овардааст: ''«Эти издѣлія находять большой сбыть на рынкахъ Кал'аи-Хума и въ сосѣднихъ долинахъ: Язгуляна и Оби-Хингоу, причемъ продажа на деньги совершается очень рѣдко; обыкновенно вещи мѣняются на тѣ, которыя необходимы таджикамъ Ванджа»'' (тарҷума: ''«Ин маснуъот дар бозорҳои Қалъаи Хум ва водиҳои ҳамсоя – Язғулому Оби Хингов – фурӯши хубе меёбанд, вале фурӯш ба пул хеле кам сурат мегирад; одатан молҳо ба он чизҳое иваз мешаванд, ки барои тоҷикони Ванҷ зарур аст»'').<ref name="fn732">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 64.</ref>
== Мардум ==
Аксарияти аҳолии ноҳия тоҷиконанд; инчунин теъдоди ангуштшумори русҳо ва намояндагони халқҳои дигар низ зиндагӣ мекунанд. Аҳолии ноҳия аз рӯи диёнат мусулмони суннии ҳанафимазҳабанд.<ref name="fn139" />
Мардумшиноси рус Л. Ф. Моногарова дар пажӯҳиши бунёдии худ доир ба таркиби қавмии ВМКБ, дар бораи гузаштаи қавмии ванҷиён чунин навиштааст:
''«В прошлом из припамирских народностей наиболее тесно соприкасались с горными таджиками ванчцы (правильнее ванджи), коренное население долины р. Ванч (Вандж), входившей в Бухарский эмират. Духовенство эмирата проводило насильственное обращение в суннизм всех, исповедовавших другую религию. Под влиянием суннитской идеологии у ванчцев изменились общественные и семейные взаимоотношения, моральные нормы, бытовой уклад в целом. Постепенное экономическое и культурное сближение ванчцев с таджиками привело к утрате ванчцами своего родного языка, замене его таджикским (ванчским или ванджским говором таджикского языка), а в конечном итоге к слиянию ванчцев с таджиками. Население остальных районов республики считает ванчцев таджиками. «Судя по некоторым признакам, „ванджский язык“, входя в северную подгруппу памирских языков, наиболее тесно примыкал к язгулемскому языку» [32, 131].»''
Тарҷума: ''«Дар гузашта, аз миёни халқиятҳои помирӣ, ванҷиён (дурусттараш — ванҷӣ), аҳолии бумии водии дарёи Ванҷ (Вандж), ки ҷузъи аморати Бухоро буд, бештар аз ҳама бо тоҷикони кӯҳистонӣ дар тамос буданд. Рӯҳониёни аморат нисбат ба ҳамаи пайравони дигар эътиқодҳо табдили ҷабрии мазҳаби суннӣ мегузарониданд. Таҳти таъсири мазҳаби суннӣ дар байни ванҷиён муносибатҳои ҷамъиятиву оилавӣ, меъёрҳои ахлоқӣ ва тарзи зиндагӣ дар маҷмуъ тағйир ёфтанд. Наздикшавии тадриҷии иқтисодиву фарҳангии ванҷиён бо тоҷикон боиси аз даст рафтани забони модарии ванҷиён гардид: он бо забони тоҷикӣ (гӯиши ванҷии забони тоҷикӣ) иваз шуд ва дар ниҳоят ба омезиши ванҷиён бо тоҷикон анҷомид. Аҳолии дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ ванҷиёнро тоҷик мешуморанд. «Бино бар баъзе аломатҳо, „забони ванҷӣ“, ки ба зершохаи шимолии забонҳои помирӣ дохил мешуд, аз ҳама наздиктар ба забони язғуломӣ буд» [32, 131].»''.<ref name="fn742">Моногарова Л. Ф. Этнический состав и этнические процессы в Горно-Бадахшанской автономной области Таджикской ССР // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 185–186.</ref>
Дар бораи мазорҳои муқаддаси эҳтиромшавандаи Ванҷ дар охири асри XIX, капитан Кузнецов чунин сабт кардааст:
''«Населеніе Дарвоза не отличается особой набожностью и имѣетъ весьма малое число молитвенныхъ домовъ–мечетей, по за то въ Дарвозѣ есть нѣсколько могилъ святыхъ, весьма почитаемыхъ жителями. Наибольшимъ почитаніемъ отличаются могилы: Хазретъ-и-Бурхъ на р. оби-Мазаръ, Пой-Мазаръ-Хазретъ-Садыръ-Сеибъ въ верховьяхъ р. Ванчъ и Ходжа-и-Миратбашъ-Султанъ-Сеидъ на сѣверномъ склонѣ Дарвозскихъ горъ, противъ кишлака Кальпъ.»''
Тарҷума: ''«Аҳолии Дарвоз бо диндории хосае фарқ намекунад ва шумораи хонаҳои ибодат — масҷидҳо — дар он хеле кам аст, вале дар ивазаш, дар Дарвоз якчанд мазори авлиё ҳаст, ки сокинон онҳоро сахт эҳтиром мекунанд. Бештарин эҳтиромро мазорҳои зерин доранд: Ҳазрати Бурх дар канори дарёи оби-Мазор, дар Пойи Мазор - ҳазрати Садр-соҳиб дар болооби дарёи Ванҷ ва Хоҷаи Муродбошӣ Султонсаъид дар нишеби шимолии кӯҳҳои Дарвоз, рӯ ба рӯи рустои Калп»''.<ref name="fn752">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 65.</ref>
Бар асоси омори саршумории саросарии [[Иттиҳоди Шӯравӣ]] аз соли 1939, аҳолии Ванҷ 9218 нафар буд: 9031 нафарашон ванҷиёни бумӣ, 134 нафар – рус, 6 нафар – тотор, 5 нафар – узбак ва 1 нафар – қазоқ.<ref name="fn762">Всесоюзная перепись населения 1939 года. Национальный состав населения районов, городов и крупных сёл союзных республик СССР: Ванчский район (рус.) // Демоскоп Weekly. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Бино ба омори соли 1979 аҳолии Ванҷ 15 855 нафар ва тибқи омори 1992 – 22 700 нафарро ташкил медод. Тибқи маълумоти расмӣ, соли 2009 дар ноҳия 30 700 нафар зиндагӣ мекард ва тамоми аҳолии он деҳотист.<ref name="fn310" /> Тибқи омори соли 2024 аҳолии Ванҷ ба 35 400 нафар расид. Бар асоси муқоисаи ин ду омор метавон чунин натиҷагирӣ кард, ки тайи 85 сол суръати миёнаи афзоиши солонаи аҳолии Ванҷ тақрибан 1,6 % будааст. Мардуми водии Язғулом ҳиссаи назарраси аҳолии ноҳияро ташкил медиҳанд.
Азбаски беш аз 90 дарсади масоҳати умумии ноҳия (4430,5 км²)-ро лозурҳо, қуллаҳои баландкӯҳ ва нишебиҳои санглохи корношоям фаро мегиранд, зичии расмии аҳолӣ (тақрибан 7,7-8 нафар дар як километри мураббаъ) манзараи воқеии ҷойгиршавии аҳолиро пурра инъикос намекунад – амалан тамоми сокинон дар як рахи танги қад-қади дарёҳои Ванҷобу Язғулом мутамарказ шудаанд.<ref name="fn310" /> Ин номутаносибии шадид миёни рушди табиии аҳолӣ ва маҳдудияти мутлақи заминҳои корам (соли 2012 ҳамагӣ 1381 гектар, баъдан бо азхудкунии заминҳои нав ба 2601 гектар расида)<ref name="fn310" /> яке аз сабабҳои асосии муҳоҷирати меҳнатии ноҳия маҳсуб мешавад (ниг. бахши ''«Муҳоҷирати меҳнатӣ»'').
{| class="wikitable"
|+Ҷадвали 3. Динамикаи шумораи аҳолӣ (ҳазор нафар), 1939-2013
!сол
!1939
!1979
!1992
!1995
!2000
!2002
!2003
!2004
!2005
!2006
!2007
!2008
!2009
!2011
!2012
!2013
|-
|шумора
|9,2
|15,9
|22,7
|28,4<ref name="fn472" />
|28,5<ref name="fn472" />
|28,3<ref name="fn472" />
|29,9<ref name="fn472" />
|30,1<ref name="fn472" />
|28,8<ref name="fn472" />
|30,3<ref name="fn472" />
|33,4<ref name="fn472" />
|29,7<ref name="fn472" />
|30,7<ref name="fn310" />
|30,8
|31,1
|31,3
|}
{| class="wikitable"
|+Ҷадвали 4. Динамикаи шумораи аҳолӣ (ҳазор нафар), 2014-2024
!сол
!2014
!2015
!2016
!2017
!2018
!2019
!2020
!2021
!2022
!2023
!2024
|-
|шумора
|31,7
|31,9
|32,4
|32,9
|33,6<ref name="fn772">Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2019 года. Сообщение Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан (рус.).</ref>
|34,1<ref name="fn772" />
|34,4<ref name="fn782">Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2020 года (рус.) // Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
|34,1
|34,4
|35,1
|35,4
|}
Барои солҳои 1995-2008 омори мазкур (арзиши ''«умумӣ»'', яъне аҳолии доимии сабтшуда) бар асоси таҳлили муфассали демографии Р. Масов ва Ҳ. Пирумшоев дар ''«Файзи истиқлол дар "Боми ҷаҳон"»'' (Душанбе, 2011, саҳ. 362-363) илова карда шуд. Барои солҳои 1992 ва 2009 бошад, бо мақсади нигоҳ доштани пайдарпаии рақамҳои аллакай сабтшуда аз сомонаи расмии badakhshon.tj, арзиши аслии қаблӣ боқӣ монд.
=== Фарҳанги моддӣ: либоси анъанавӣ ===
Дар шароити сарди кӯҳистони Ванҷу Бадахшон, дар гузашта истифодаи матоъҳои пашмину чармӣ бартарӣ дошт ва мероси бофандагии маҳаллӣ ба истеҳсоли матоъҳои худӣ бо рангҳои табиии гиёҳии кӯҳӣ асос меёфт.<ref name="fn792">Таҳқиқоти этнолингвистии лексикаи гӯйиши тоҷикони водии Ғорон // Диссертатсия. Санҷида шуд 24 июли 2026.</ref> Либоси занонаи суннатӣ асосан аз курта, эзор, пойафзол, сарбанд ва ороишоти гуногун иборат буд; таърихан ду намуди курта маъмул буд – куртаи якқади камартангу доманвасеъ, ки пиразанон мепӯшиданд, ва куртаҳои камзулчадор бо гиребони буғак (уфуқӣ буридашуда бо зеҳгулу гулдӯзӣ), ки духтарону арӯсон ба бар мекарданд.<ref name="fn802">[[Либоси миллии тоҷикон]] // Википедиа. Санҷида шуд 24 июли 2026.</ref> Дар минтақаи Бадахшон, аз ҷумла Ванҷу Язғулом, унсурҳои хоси либоси кӯҳистонӣ – тоқии мудаввар бо нақшҳои гулдӯзии дақику пӯпак ва ҷӯробҳои ғафси пашмин бо нақшҳои ҳандасии бисёрранг (нақши офтоб, шохи қӯчқор, чалипо ва ғайра) – то имрӯз аҳамияти худро гум накардаанд.<ref name="fn802" />
=== Фарҳанги моддӣ: манзил ва хоҷагии деҳот (тибқи маълумоти асри XIX) ===
Тавсифи қадимтарини хусусиятҳои хоси манзилу хоҷагии Ванҷ ба А. А. Семёнов (1898) тааллуқ дорад. Ӯ анборчаҳои хоси болои сутунро ба қайд гирифтааст: ''«На Ванджѣ и мѣстами по Пянджу встрѣчаются подъ хижинъ еще небольшіе, съ плоскими крышами, амбарчики (амбаръ) для хлѣба и разнаго скарба... они воткнуты надъ землею на четырехъ (подъ углами) камняхъ или столбахъ»'' (тарҷума: ''«Дар Ванҷ ва ҷо-ҷо дар Панҷ, наздики хонаҳо анборчаҳои хурди боми ҳамвор (амбор) барои нону дигар молу ашё вомехӯранд... онҳо болои замин, бар чор санг ё сутуни чоркунҷа гузошта шудаанд»'').<ref name="fn812">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 34.</ref>
Дар бораи нақшу нигори деворҳои хонаҳои Ванҷ низ маълумот овардааст: ''«По Сурхобу и Хингобу, Ванджу и Пянджу на стѣнахъ многихъ хижинъ попадаются и орнаменты въ видѣ пятенъ, различныхъ безпорядочныхъ линій или же въ видѣ дѣтски намалеванныхъ фантастическихъ деревьевъ»'' (тарҷума: ''«Дар канори Сурхобу Хингов, Ванҷу Панҷ дар деворҳои бисёр хонаҳо нақшу нигор ба шакли доғ, хатҳои бетартиби гуногун ё дарахтони хаёлии кӯдакона кашидашуда вомехӯранд»'').<ref name="fn822">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 36.</ref>
Хонаи тобистонаи хоси Ванҷ (''«чолёб»'') низ дар ин асар қайд шудааст: ''«По Ванджу и отчасти на Пянджу, кромѣ описанныхъ зимнихъ помѣщеній, встрѣчаются еще спеціальныя лѣтнія жилища (чолѣбъ), чего нѣтъ нигдѣ въ прочихъ мѣстахъ»'' (тарҷума: ''«Дар Ванҷ ва қисман дар Панҷ, ба ғайр аз хонаҳои зимистонаи тавсифшуда, боз хонаҳои махсуси тобистона (чолёб) вомехӯранд, ки дар ҷойҳои дигар вуҷуд надоранд»'').<ref name="fn832">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 44.</ref>
Ниҳоят, Семёнов камбизоатии заминҳои Ванҷ ва такягоҳи мардум ба дарахти туг (мевадиҳандаи табиъӣ)-ро тавсиф кардааст: ''«Мѣстами, какъ, напримѣръ, на Вахіо, на Ванджѣ и въ Дарвазъ по Пянджу, гдѣ природа бѣдна и преобладаетъ каменистая почва... существованіе населенія находится въ тѣсной зависимости отъ тута»'' (тарҷума: ''«Дар баъзе ҷойҳо, масалан дар Ваҳё, дар Ванҷ ва дар Дарвози канори Панҷ, ки табиат камбизоату хоки санглох бартарӣ дорад... мавҷудияти аҳолӣ ба тут вобастагии зич дорад»'').<ref name="fn842">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 56.</ref>
Дар ҳамин китоб, ду намунаи фолклори мардуми Ванҷ низ бори аввал сабт гардидаанд: масали ''«Инсон ва Мор»'' ва ҳикояи ''«Писари вазир»'', ки ҳарду аз забони як шахси мушаххас – Соҳибназар аз деҳаи Техарви болооби Ванҷ – навишта шудаанд: ''«Записано со словъ Сохиб-Назара, изъ кишлака Техарвъ, въ верховьяхъ р. Ванджа въ Дарвазѣ»'' (тарҷума: ''«Аз забони Соҳибназар, аз рустои Техарв, аз болооби рӯди Ванҷ дар Дарвоз, сабт шудааст»'').<ref name="fn852">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 99--100.</ref>
=== Расму оинҳои мотамӣ ===
Маросимҳои марбут ба давраҳои муҳими зиндагии инсон, аз ҷумла маросими мотаму дафн, дар Ванҷу Язғулом хусусиятҳои бениҳоят куҳан ва омехта аз эътиқодоти пешазисломию исломӣ (синкретӣ) то ба имрӯз нигоҳ доштаанд; ин расмҳо аз ҷониби мардумшиносони барҷаста, аз ҷумла М. С. Андреев, И. Л. Моногарова ва А. З. Розенфелд, мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд.<ref name="fn862">Расму оин ва анъанаҳо дар рӯзгори мардуми тоҷик мавқеи муҳим доранд // АМИТ «Ховар», сентябри 2017. Санҷида шуд 24 июли 2026.</ref> Дар ҷаҳонбинии мардуми кӯҳистон марг на анҷоми мутлақ, балки гузариш ба дунёи дигар ва оғози сафари нави рӯҳ дониста мешавад. Аз ҷумла, агар марҳум ҷавон бошад, барои гусели ӯ тобути махсусе бо матоъҳои равшану рангоранг (на сиёҳ) омода мекунанд, ки бо номи ''«гаҳвораи ноз»'' маъруф аст – ташбеҳи мустақими марг бо таваллуди дубора дар олами дигар, ки Розенфелд онро расми хеле куҳан ва боқимонда аз тасаввуроти бостонии мардуми ориёӣ арзёбӣ кардааст.<ref name="fn862" />
=== Айлоқравӣ ва расму оинҳои кишоварзӣ ===
Иқтисодиёти суннатии мардуми Ванҷ ба ду унсури ба ҳам вобаста – кишоварзӣ дар водиҳои танги поёнӣ ва чорводорӣ дар чарогоҳҳои баландкӯҳӣ – такя мекунад. Ҳар сол дар аввали тобистон, вақте ки заминҳои поёнӣ барои кишти ғалла, картошка ва сабзавот истифода мешаванд, раванди муҳоҷирати мавсимии подаи чорво ба чарогоҳҳои тобистонаи баландкӯҳ, ки бо номи ''«айлоқ»'' маъруф аст, оғоз мегардад.<ref name="fn862" /> Хусусияти ҷолиби ин кӯчиш дар он аст, ки қариб тамоми аҳли деҳа, бахусус занону кӯдакон, дар як рӯзи муайяншуда дастаҷамъӣ ба айлоқ мераванд, дар ҳоле ки қисме аз мардон дар деҳа мемонанд, то корҳои саҳроӣ ва обёрии заминро анҷом диҳанд.
Дар айлоқҳо занон тамоми тобистон машғули ҷӯшидани шир, тайёр кардани маска, равғани зард, дӯғу мосту тарфу ва қурут мешаванд.<ref name="fn862" />
== Забон ==
Мардуми Ванҷ бо гӯиши ванҷии забони тоҷикӣ сухан мегӯянд. Дар водии Язғулом бошад, яке аз забонҳои помирӣ – забони язғуломӣ роиҷ аст.
Лаҳҷаи ванҷии забони тоҷикӣ дар водии Ванҷ аз нимаи дуюми асри XIX густариш ёфта, забони бумии помириро, ки бо номи ванҷӣ маъруф буд, дар поёни ҳамин аср аз байн бурд. Забони ванҷӣ наздиктарин хеши забони язғуломӣ буда, ба гурӯҳи ''«шимолии»'' забонҳои помирӣ дар қатори язғуломӣ ва (эҳтимолан) саргуломӣ дохил мешуд. Мутахассисон аз байн рафтани онро ба охири асри XIX нисбат медиҳанд; мардумшиносон дар ибтидои асри XX аз ин забон танҳо чанд даҳ вожаро сабт карда тавонистаанд.<ref name="fn872">Памирские языки (рус.) // Лингвистический энциклопедический словарь. --- М.: Советская энциклопедия, 1990.</ref><ref name="fn882">[https://old.bigenc.ru/linguistics/text/2701306 Памирские языки] (рус.) // Большая российская энциклопедия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Лаҳҷаҳои ванҷии забони тоҷикӣ мавзӯи таҳқиқи бунёдии эроншиноси рус А. З. Розенфелд гардидаанд, ки соли 1964 дар [[Ленинград]] монографияи махсуси ''«Ванджские говоры таджикского языка»''-ро дар ҳаҷми 151 саҳифа ба табъ расонидааст.<ref name="fn892">Розенфельд А. З. Ванджские говоры таджикского языка / ЛГУ им. А. А. Жданова. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- 151 с.</ref> Дар гуфтугӯи мардуми Ванҷ ҷӯйборҳои лозурӣ, ки деҳаҳо дар канораи онҳо бино ёфтаанд, ''«даргов»'' номида мешаванд; ба ақидаи Ҳ. Пирумшоев, ин вожа гунаи тағйирёфтаи ибораи ''«даргоҳи об»'' аст.<ref name="fn211" /> Аммо дуруст он аст, ки аслаш дарагоб/дараоб (обе ки аз дара меояд) аст, зеро дар форсии миёна "дара" "дараг" навишта ва талаффуз мешудааст. Тибқи фарзияи дигари забоншиносӣ, метавон решаи вожаи ''«дарғов»''-ро бо калимаи осетинии ''«dærg»'' (''«дароз»'') пайванд дод, яъне маънои аслии он ''«оби дароз»'' бошад.<ref name="fn1642">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §50--52.</ref>
Тибқи таснифи Розенфелд, гӯишҳои ванҷӣ ҷузъи таркибии гӯишҳои дарвозӣ буда, якҷоя бо онҳо ба гурӯҳи васеътари гӯишҳои ҷанубу шарқии забони тоҷикӣ дохил мешаванд.<ref name="fn156">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §59.</ref> Хусусияти муҳимтарини гӯишҳои дарвозиву-ванҷӣ – ҷобаҷогузории зарраи ''«ме-»''-и замони ҳозира-оянда аз аввали феъл ба охири он (миёни асос ва флексия) мебошад, ки дар ҳамаи гӯишҳои ин гурӯҳ, ба ғайр аз гӯиши болои Ванҷ, мушоҳида мешавад.<ref name="fn157">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §60, §61.</ref> Аз миёни гӯишҳои дарвозӣ, ба гӯиши ванҷӣ аз ҳама наздиктар гӯиши ягидӣ (алалхусус ба зерлаҳҷаи водхудии поёни Ванҷ) ва гӯиши миёнаи дарвозиву-ваҳиёӣ (ба лаҳҷаи миёнаи Ванҷ) мебошанд.<ref name="fn1582">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §62.</ref>
=== Лаҳҷаҳои дохилии гӯиши ванҷӣ ===
Розенфелд дар дохили гӯиши ванҷӣ се лаҳҷаи асосиро фарқ мекунад: лаҳҷаи поёни Ванҷ, лаҳҷаи миёнаи Ванҷ (ки онро боз лаҳҷаи ваҳиёиву-ванҷӣ низ меноманд) ва лаҳҷаи болои Ванҷ.<ref name="fn151">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §54.</ref>
Лаҳҷаи поёни Ванҷ дар деҳаҳои соҳили рости дарёи Ванҷ (аз резишгоҳ ба боло) – Вискроғ, Бичхарвак, Рохарв (маркази ноҳия), Бовид ва Одешт – ва дар соҳили чап – Дашти Роғ, Лангар, Гишхун ва Ғумаяк, инчунин дар деҳаҳои ҷамоати Водхуд роиҷ аст; аксарияти сокинони поёни Ванҷ ва Водхуд муҳоҷиронанд, ки бештарашон аз Дарвоз ва қисман аз болои Ванҷ ба ин ҷо кӯчидаанд.<ref name="fn152" /> Дар дохили ин лаҳҷа ду зерлаҳҷа – водхудӣ ва гишхунӣ – фарқ карда мешаванд; барои зерлаҳҷаи водхудӣ лабиалишавии қавии садоноки ''«о»'', мавҷудияти зарфи ''«fru/fre»'' ба маънои ''«поён»'' ва истифодаи шакли дуюми замони ҳозира-ояндаи феъл дар шахсҳои якум ва саввуми танҳо бо флексияи ''«-a»'' (масалан, ''«gama»'', ''«ravama»'' ба ҷои шакли маъмули дарвозиву-ванҷии ''«game»'', ''«rave»'') хос аст.<ref name="fn153">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §56, саҳ. 12.</ref>
Лаҳҷаи миёнаи Ванҷ (ваҳиёиву-ванҷӣ) аз деҳаи Бунай то деҳаҳои Доршир (дар соҳили рост) ва Гуҷовас (дар соҳили чап), то деҳаи болотарини водӣ – Поймазор – паҳн аст. Сокинони ин минтақаро ''«ваҳиёчиён»'' меноманд, зеро аксарашон муҳоҷироне мебошанд, ки аз водии Ваҳиёи Боло ба ин ҷо кӯчидаанд. Барои ин лаҳҷа мавҷудияти ҳамсадоҳои болофаринголии ''«ҳ»'' ва ''«айн»'', истифодаи пасванди ''«-ak»'' дар шахси саввуми танҳои замони гузашта (''«umadastak»'' – ''«ӯ омад»''), калимаи ''«oča»'' ба маънои ''«модар»'' (ба ҷои ''«muma»''-и роиҷ дар дигар лаҳҷаҳои ванҷӣ) ва номи ''«ruzan»'' барои равзанаи дуд хос аст; ин лаҳҷа аз рӯи аломатҳои зикршуда ба лаҳҷаи ваҳиёиву-дарвозӣ наздик мешавад.<ref name="fn154">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §57, саҳ. 12.</ref>
Лаҳҷаи болои Ванҷ аз деҳаи Доршир то сарчашмаҳои дарёи Ванҷ – дар деҳаҳои Сетарғ, Мурғутга, Ван-Вани Боло ва Поён (соҳили рост) ва Гуҷовас, Гумаст, Рованд, Гармчашма, Сунгад (соҳили чап) – паҳн аст. Сокинони ин минтақа худро ''«ванҷиҳо»'' ё ''«ванҷиёни туптӣ»'' (яъне бумӣ) меноманд ва маҳз дар ҳамин лаҳҷа лексикаи бештар архаистӣ, аз ҷумла боқимондаҳои алоҳидаи забони куҳани ванҷӣ, то имрӯз нигоҳ дошта шудааст.<ref name="fn155">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §58, саҳ. 12--13.</ref> Хусусияти муҳимтарини лаҳҷаи болои Ванҷ дар он аст, ки зарраи ''«ме-»'' дар аввали шакли феълӣ боқӣ мемонад ва ба охири он нагузашта; маҳз бо ҳамин аломат, ин лаҳҷа аз ҳамаи дигар гӯишҳои дарвозиву-ванҷӣ фарқ мекунад.<ref name="fn157" />
Аз лиҳози овоӣ (фонетикӣ), гӯишҳои ванҷӣ бо паҳншавии васеи фонемаи ''«ə»'' (ки ба садонокҳои кӯтоҳи забони адабӣ рост меояд) ва мулоимшавии садоноки ''«ӯ»'' тавсиф мешаванд.<ref name="fn1592">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §1--3, саҳ. 5--6.</ref> Далели дигари куҳансолии ин гӯишҳо паҳншавии васеи фонемаи ''«ж»'' аст, ки дар забони адабии тоҷикӣ танҳо дар се-чор калима боқӣ мондааст, ҳол он ки дар гӯишҳои ванҷӣ гурӯҳи назарраси калимаҳо бо ин ҳамсадо сабт шудаанд (масалан, ''«жеғ»'' – якрав, ''«жовидан»'' – ҷавидан).<ref name="fn1602">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §15, саҳ. 6--7.</ref> Афтодани ҳамсадои ''«д»'' дар миёни калима, ки хоси гӯишҳои дарвозиву-ванҷист, ба сохти флексияи феълӣ низ таъсир расонидааст: дар замони гузашта шахси саввуми танҳо флексияи ''«-и»''-ро мегирад (масалан, ''«babori»'' – ''«борид»''), шахси саввуми ҷамъ бошад – флексияи ''«-ин»''.<ref name="fn1612">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §11.</ref>
Дар морфология, ҷамъбандии исм тавассути пасвандҳои ''«-о»'' (умумӣ), ''«-ун»'' (барои исмҳои ҷондор) ва ''«-гала»'' (барои гурӯҳи одамон) сурат мегирад.<ref name="fn162" />
Лексикаи гӯишҳои ванҷӣ, нисбат ба гӯишҳои дарвозӣ низ, дараҷаи баландтари архаизмро нишон медиҳад: дар он калимаҳое нигоҳ дошта шудаанд, ки дар забонҳои адабии тоҷикӣ ва форсӣ дигар истифода намешаванд, вале дар ашъори Фирдавсӣ ё дар фарҳангҳои қадимӣ сабт гардидаанд (масалан, ''«кӯп»'' ба маънои ''«санг»'', ''«харсанг»'').<ref name="fn1632">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §48.</ref> Илова бар қабати калони калимаҳои помирӣ, дар гӯишҳои ванҷӣ гурӯҳи калимаҳое низ ба назар мерасанд, ки бо забони яғнобӣ ва ҳатто бо забони бостонии осетинӣ (аз шохаи шимолии забонҳои эронӣ) муштараканд.<ref name="fn1642" /> Дар ''«Феҳристи калимаҳои куҳани ванҷӣ»'', ки ҳамчун замима ба монография пайваст шудааст, Розенфелд бар пояи таҳлили лексикӣ ва фонетикӣ ба хулосае мерасад, ки забони куҳани ванҷӣ ба гурӯҳи шуғнонию рӯшонии забонҳои помирӣ тааллуқ доштааст.<ref name="fn1652">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- Замимаи «Феҳристи калимаҳои куҳани ванҷӣ».</ref>
Бархе донишмандони рус, монанди И. И. Зарубин, А. З. Розенфелд ва дигарон, назарияеро дар бораи вуҷуди куҳанзабони ванҷӣ (русӣ: старованджский язык) ироя кардаанд, ки тибқи он ин забон тақрибан дусад сол пеш аз байн рафта, гӯиши кунунии ванҷӣ ҷойгузинаш шудааст. И. И. Зарубин дар ин маврид мегӯяд:
"Забони куҳнаи ванҷӣ дар водии Ванҷ (шохоби рости Панҷ) ва саргуломӣ дар болооби дарёи Саргулом, дар шарқи вилояти Файзободи Афғонистон ривоҷ дошт. Тақрибан дусад сол пеш лаҳҷаҳои тоҷикӣ ҷои онҳоро гирифтанд".
Забоншинос Т. Н. Пахалина дар баррасии муқоисавии забонҳои помирӣ, забони ванҷиро дар силсилаи забонҳои помирӣ чунин ҷой додааст:
''«Ванджский язык, известный в настоящее время по небольшому количеству слов, зафиксированных в 1924 г. И. И. Зарубиным [6], а позднее — А. З. Розенфельд [28; 29] (в прошлом был распространен в долине Ванджа — правого притока Пянджа).»''
Тарҷума: ''«Забони ванҷӣ, ки имрӯз танҳо бо шумораи ками вожаҳо маълум аст ва соли 1924 аз ҷониби И. И. Зарубин ва баъдтар аз ҷониби А. З. Розенфелд сабт шудааст (дар гузашта дар водии Ванҷ — шохоби рости Панҷ — роиҷ буд).»''.<ref name="fn902">Пахалина Т. Н. Сравнительный обзор памирских языков // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 222.</ref>
Шаҳодати дигаре дар бораи фарҷоми ин забон дар мақолаи Т. Г. Абаева дар бораи пажӯҳишҳои А. В. Станишевский омадааст:
''«Укором в адрес лингвистов звучало сообщение о том, что в долине Ванча недавно умерли последние старики, владевшие ванчским языком.»''
Тарҷума: ''«Хабаре барои забоншиносон ҳамчун сарзаниш садо дод ва он ҳам дар бораи он, ки дар водии Ванҷ, ба наздикӣ пиронсолони охироне, ки забони куҳнаванҷиро медонистанд, аз дунё гузаштанд.»''.<ref name="fn912">Абаева Т. Г. Исследования А. В. Станишевского (Азиза Ниалло) о Памире // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 290.</ref>
Забони язғуломӣ, ки дар шаш деҳаи ҷамоати Язғулом ба кор меравад, забони бехат аст ва шумораи гӯяндагонаш тақрибан 3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад; аксари язғуломиён дузабонаанд ва забони тоҷикиро низ медонанд.<ref name="fn922">Язгулямский язык (рус.) // Лингвистический энциклопедический словарь. --- М.: Советская энциклопедия, 1990.</ref><ref name="fn932">[https://old.bigenc.ru/linguistics/text/4924529 Язгулямский язык] (рус.) // Большая российская энциклопедия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Таҳқиқи бунёдии ин забон ба қалами эроншиноси маъруф Д. И. Эделман тааллуқ дорад, ки соли 1966 дар [[Маскав]] монографияи ''«Забони язғуломӣ»''-ро ба табъ расонидааст.<ref name="fn942">Эдельман Д. И. Язгулямский язык. --- М.: Наука, 1966.</ref> Пас аз муҳоҷирати соли 1954 бахше аз язғуломизабонон дар ноҳияи Куйбишеви водии Вахш низ сокин шуданд ва забони язғуломӣ то кунун дар он ҷо низ ба кор меравад.<ref name="fn602" />
Дар ''«Атласи забонҳои дар хатар қарордоштаи ҷаҳон»''-и ЮНЕСКО (таҳти таҳрири Кристофер Мозли, соли 2010), забони язғуломӣ ба зумраи забонҳои осебпазир (Vulnerable) дохил гардидааст.<ref name="fn952">Moseley Chr. (ed.) Atlas of the World\\\'s Languages in Danger. --- 3rd ed. --- Paris: UNESCO Publishing, 2010.</ref> Тибқи ҳамин Атлас, аз 15 забони дар хатар қарордоштаи Осиёи Марказӣ, 11-тояш дар Тоҷикистон, бештараш дар ҳудуди ВМКБ, роиҷ аст.<ref name="fn962">[https://old.asiaplustj.info/en/news/tajikistan/society/20170629/unesco-publishes-atlas-of-the-worlds-languages-in-danger UNESCO publishes atlas of the world\\\'s languages in danger] (англ.) // Тоҷикистон Ньюз Азия-Плюс, 29 июни 2017. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Пажӯҳиши ҷомеашиносии забонии Д. Пол, Э. Аббесс, К. Мюллер, К. Тиссен ва Г. Тиссен нишон медиҳад, ки муносибати сокинони водии Язғулом ба ҳарду забон – язғуломӣ ва тоҷикӣ – мусбат аст: забони модарӣ дар зиндагии рӯзмарра пурқувват боқӣ монда, ҳеҷ нишонае аз ҷойивазкунии он бо забони тоҷикӣ мушоҳида намешавад, ҳарчанд забони тоҷикиро низ дар баъзе ҳавзаҳо муфид медонанд.<ref name="fn972">Paul D., Abbess E., Müller K., Tiessen C., Tiessen G. Language Access and Tajik Language Proficiency among the Yazghulami of Tajikistan. --- SIL International, 2010.</ref> Дар пойгоҳи байналмилалии таснифи забонҳо ''«Глоттолог»'' забони куҳани ванҷӣ бо рамзи ''«oldw1238»'' ва забони язғуломӣ бо рамзи ''«yazg1240»'' сабт шудаанд.<ref name="fn982">Glottolog 5.0, коди «oldw1238» (забони куҳани ванҷӣ) ва «yazg1240» (забони язғуломӣ).</ref>
== Бахшбандӣ ==
Бар асоси Қонуни тақсимоти маъмурию ҳудудии кишвар, ноҳияи Ванҷ аз 1 шаҳрак (Ванҷ) ва 6 ҷамоат иборат аст:<ref name="fn992">Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. --- Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013. --- 332 с.</ref>
{| class="wikitable"
|+Ҷадвали 5. Ҷамоатҳои ноҳияи Ванҷ
!Ҷамоат
!Аҳолӣ (нафар)
!Деҳаҳо
|-
|ба номи Маҳмадулло Абдуллоев
|10 983
|Бичхарв, Бодалд, Ускроғ, Роғ, Дашти Роғ, Панҷшанбеобод, Убари Даргов, Рохарв, Гушхун, Ғумаяк, Бовуд, Одешт, Ҷангали Зуго
|-
|Водхуд
|2178
|Пшихарв, Даштак, Лугад, Бунига, Узбай, Лахш, Баравн, Баравни Таг, Баравни Тор, Ваҳдат, Вравз
|-
|Ҷовидон
|4201
|Бунай, Рав, Жовуд, Потов, Арнавад, Убго
|-
|Рованд
|5573
|Ширговад, Ғиҷоваст, Мудеҳарв, Вишхарвак, Старғ, Ғӯмас, Мурғутга, Рованд, Гармчашма, Ван-Ван, Сунгад, Поймазор
|-
|Техарв
|3401
|Гич, Садвадг, Сед, Шаврӯ, Техарв, Чихох, Удоб, Равгада
|-
|Язғулом
|6065
|Мотравн, Вишхарв, Будун, Шавуд, Андарбоғ, Жамаг
|}
Дар санадҳои расмии солҳои охир ҷамоати марказии ноҳия бо номи ''«деҳоти Маҳмадулло Абдуллоев»'' зикр мегардад.<ref name="fn410" />
Барои муқоиса, тибқи гузориши капитан Кузнецов, дар соли 1892 бекигарии Дарвоз (ки Ванҷ ҷузъи он буд) ба 11 амлокдорӣ тақсим мешуд:
''«Въ административномъ отношеніи Дарвозское бекство дѣлится на 11 амилякдарствъ: Чиль-Даринское, Тавиль-Даринское, Сагри-Даштское, Кала-и-Хумбское, Шикайское, Куфское, Хагонское, Май-Майское, Джумарчское, Ванчское, Вахія-болё и два особыхъ отдѣла–Язгулемскій и Тангъ-Шивскій.»''
Тарҷума: ''«Аз ҷиҳати маъмурӣ, бекигарии Дарвоз ба 11 амлокдорӣ тақсим мешавад: Чилдарин, Тавилдарин, Сағридашт, Қалъаи Хумб, Шикай, Куф, Ҳагон (Деҳхагон), Моймай, Ҷумарҷ, Ванҷ, Вахиёи Боло ва ду шӯъбаи алоҳида — Язғулом ва Тангшив»''.<ref name="fn1002">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 68.</ref>
Аз ин тақсимот бармеояд, ки Ванҷ дар соли 1892 аллакай ҳамчун амлокдории алоҳида, ва Язғулом ҳамчун шӯъбаи ниммустақилу ба таври алоҳида идорашаванда фарқ карда мешуданд — падидае, ки то андозае бо бахшбандии имрӯзаи ноҳия, ки дар он Язғулом ҷамоати алоҳида аст, монандӣ дорад.
Тақрибан ҳаштод сол пас аз гузориши Кузнецов, забоншинос Д. И. Эделман, бар пояи маводи саҳроии худ ва пажӯҳиши А. З. Розенфелд, рӯйхати муфассали рустоҳои Ванҷро чунин овардааст:
''«Население Ванджа ныне говорит по-таджикски, хотя сравнительно недавно здесь еще бытовал ванджский язык, принадлежавший к памирской группе языков. Названия кишлаков по течению Пянджа: Даштак, Узбай, Лахш, Варавз, Лангарак, Бараун, Водхуд; по Ванджу: Бич-харвак, Рог, Лангар, Гишхун, Рохарв (официально Ванч), Гумаяк, Одешт, Бунай, Потоу, Жовид, Чихох, Сед, Техарв, Гуджовас, Ширговат, Доршир, Гумаст, Сетарг, Рованд, Мургытга, Сунгад, Ван-Ван, Поймазор.»''
Тарҷума: ''«Аҳолии Ванҷ имрӯз бо забони тоҷикӣ гуфтугӯ мекунад, ҳарчанд то ба ҳамин наздикӣ, дар ин ҷо, ҳанӯз, забони куҳнванҷӣ роиҷ буд, ки ба гурӯҳи забонҳои помирӣ тааллуқ дошт. Номҳои рустоҳо дар масири Панҷ: Даштак, Взбай, Лахш, Вароваз, Лангарак, Баравн, Водхуд; дар масири Ванҷ: Бичхарвак, Роғ, Лангар, Гишхун, Рохарв (расман Ванҷ), Ғумаяк, Одешт, Бунай, Потов, Жовид, Чхох, Сед, Техарв, Ғҷовас, Шрговад, Дуршер, Ғӯмас, Старғ, Рованд, Мурғтга, Смгад, Ван-Ван, Поймазор.»''.<ref name="fn1012">Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 50.</ref>
== Хоҷагидорӣ ==
Соҳаҳои асосии хоҷагидории ноҳия ғаллакорӣ, чорводорӣ, боғдорӣ ва сабзавоткорист; дар замони шӯравӣ тамокукорӣ низ соҳаи асосӣ буд. Соли 1939 дар тамоми ВМКБ 123 колхоз мавҷуд буд, аз ҷумла дар Ванҷ 30 колхоз таъсис дода буданд.
Водии Водхуд аз қадим бо ҳосилхезии замин ва фаровонии тути худ ном баровардааст: захираи ғалла ва меваи хушки ин мавзеъ (тут, зардолу, себ) на танҳо сокинони маҳаллӣ, балки деҳоти камзамини ҳамсояро низ аз танқисӣ мераҳонд ва ибораи мардумии ''«тути Водхуд пухт, имсол ҳам ҷон ба саломат бурдем»'' аз ҳамин воқеият бармеояд.<ref name="fn211" />
Дар ноҳия 53 хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд аст. Майдони умумии заминҳои хоҷагӣ 14 417 гектар аст, аз ҷумла заминҳои корам – 1381 гектар (2012), чарогоҳҳо – 1219 гектар, боғҳо – 734 гектар. Тибқи омори соли 2012 дар ноҳияи Ванҷ 2478 тонна ғалла, 1924 тонна гӯшт, 1 млн дона тухм, 3742 тонна шир, 157 тонна чормағз, 6353 тонна сабзавот ва 11 295 тонна картошка ба даст омад. Бар асоси омори соли 2011, шумораи чорво дар хоҷагиҳо чунин буд: гов – 15 234 сар, гӯсфанду буз – 32 498 сар.
Дар давоми даҳсолаи охир сохтори хоҷагидории ноҳия ба таври куллӣ дигаргун шуд: ба ҷои 53 хоҷагии деҳқонии соли 2012, имрӯз 14 ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ 120 хоҷагии инфиродиро бо фарогирии 3217 саҳмдор муттаҳид месозад.<ref name="fn1022">Ванҷ. Рушди соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Майдони умумии заминҳои корам ба 2601 гектар расидааст, ки аз он бештар аз 1080 гектарро боғҳои мевадиҳанда ташкил медиҳанд; танҳо дар бист соли охир 282 гектар замини нав аз худ карда шудааст.<ref name="fn1032">[https://khovar.tj/2025/11/dar-no-iyai-van-so-ai-bo-parvar-rushd-meyobad/ Дар ноҳияи Ванҷ соҳаи боғпарварӣ рушд меёбад] // АМИТ «Ховар», 18 ноябри 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Тибқи таҳлилҳои муқоисавӣ, дар зарфи се даҳсолаи охир истеҳсоли ғалладонагиҳо тақрибан 6 баробар, картошка 8 баробар, сабзавот 16 баробар ва мева 42 баробар афзудааст.<ref name="fn1042">Ванҷ. Ҷашни истиқлол мондагор хоҳад буд // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Танҳо то охири моҳи октябри соли 2025 аз боғоти ноҳия 2205 тонна меваи тару тозаву хушк ба бозорҳои хориҷӣ ва шаҳрҳои калони ҷумҳурӣ содирот гардид,<ref name="fn1032" /> ва моҳи августи соли 2023 кишоварзони ноҳия дар ярмаркаи Боғи ''«Куруши Кабир»''-и Душанбе зиёда аз 13 тонна маҳсулоти тару тоза ба сокинони пойтахт пешниҳод карданд.<ref name="fn1052">Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби кишоварзони ноҳияи Ванҷ // АМИТ «Ховар», августи 2023. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Аз соли 2009, вақте ки дар ноҳия аввалин ду гармхонаи намунавӣ ба кор дароварда шуданд,<ref name="fn1062">Дар Ванҷ гармхонаҳо ба кор даромаданд // АМИТ «Ховар», августи 2009. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> технологияи гармхонагӣ дар қисматҳои поёнии ноҳия паҳн шудааст. Дар давраи охир, дар ҳамкорӣ бо мутахассисони минтақаи илмӣ-таҷрибавии ''«Ҷангали Зуго»''-и Институти биологии Помир, соҳибкор Ҳайдар Фаёзов аз деҳаи Гишхун дар ноҳия парвариши озмоишии лимӯ ва дигар меваҳои ситрусиро оғоз кард – навъе, ки то ҳол дар ВМКБ танҳо хоси баъзе минтақаҳои ноҳияи Дарвоз буд.<ref name="fn1072">Ванҷ. Авлавият ба рушди лимӯпарварӣ // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Чорводорӣ ва занбӯриасалпарварӣ ===
Дар муқоиса бо давраи пеш аз истиқлол, дар ноҳия саршумори чорвои калону майда дар маҷмуъ 2 баробар, истеҳсоли гӯшт 4 баробар ва истеҳсоли тухм 31 баробар афзудааст.<ref name="fn1042" /> Тибқи омори соли 2023, саршумори чорвои калони шохдор ба 17 135 сар (нисбат ба 15 234 сар дар соли 2011) ва моли майда (гӯсфанду буз) ба 41 000 сар (нисбат ба 32 498 сар) расидааст; ҳамчунин дар хоҷагиҳои ноҳия 41 350 сари парранда ва 1082 оилаи занбӯри асал ба қайд гирифта шудааст.<ref name="fn1042" /><ref name="fn1022" /> Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди занбӯриасалпарвариро яке аз воситаҳои пасткунандаи камбизоатӣ ва таъминкунандаи шуғли деҳот муайян кардааст.
Сарватҳои зеризаминии ноҳия: пахтасанги кӯҳӣ (асбест), молибден, мармар ва ғайра; инчунин конҳои никел, оҳансанг ва оҳак мавҷуданд.
=== Муҳоҷирати меҳнатӣ ===
Мисли аксари минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон, иқтисодиёти хонаводаҳои Ванҷ ба таври назаррас аз муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳаволапулиҳо вобаста аст. Тибқи арзёбии [[Бонки Ҷаҳонӣ]] аз моҳи ноябри соли 2025, ҳаволапулиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ беш аз 30 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд ва, гарчанде вобастагӣ ба ин маблағҳо сатҳи камбизоатиро коҳиш додааст, нобаробарии даромад (нишондиҳандаи Гини) аз 32 то 38 дар байни солҳои 2021 ва 2023 афзудааст; ВМКБ дар қатори минтақаҳое зикр шудааст, ки бо маҳдудиятҳои шадиди ҷуғрофиву иқлимӣ рӯбарӯянд.<ref name="fn1082">[https://www.worldbank.org/en/country/tajikistan/publication/poverty-and-equity-assessment Tajikistan Poverty and Equity Assessment] (англ.) // Бонки Ҷаҳонӣ, 22 сентябри 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Пажӯҳиши умумимиллии соҳаи тандурустӣ доир ба муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон нишон додааст, ки дар байни панҷ минтақаи кишвар (Душанбе, ВМКБ, Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ), ҳиссаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар аҳолии ВМКБ (49,59 фоиз аз намунаи пажӯҳишӣ) назар ба дигар минтақаҳо (камтар аз 32 фоиз) хеле баландтар будааст.<ref name="fn1092">[https://pmc.ncbi.nlm.nih.gov/articles/PMC11679146/ Inclusion of Labor Migrants as a Potential Key Population for HIV: A Nationwide Study from Tajikistan] (англ.) // PMC/NCBI. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар маҷмуи умумимиллӣ, беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон ҳарсола барои кор ба Русия мераванд; ҳаволапулиҳо дар соли 2013 қариб нисфи маҷмуи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медоданд, ки то соли 2018 ба тақрибан 30 фоиз (2,2 миллиард доллари ИМА) коҳиш ёфт.<ref name="fn1102">[https://www.migrationpolicy.org/article/dependent-remittances-tajikistan-prospects-dim-economic-growth Dependent on Remittances, Tajikistan\\\'s Long-Term Prospects for Economic Growth and Poverty Reduction Remain Dim] (англ.) // Migration Policy Institute. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Саноат ===
Дар ноҳия корхонаҳои хурди саноатӣ – сехи чӯҷабарорӣ, заводи хишти ''«Лугад»'', ҶДММ ''«Хрустал»'' – фаъолият доранд. Дар Ванҷ бозорҳои марказӣ ва марзӣ низ амал мекунанд.
25 июни соли 2025 дар ноҳия корхонаи истеҳсоли калсит, коркарди мармар ва сангҳои ороишии ҶСК ''«Мармар Стоун»'' ба кор шурӯъ кард, ки иқтидори солонаи он 40 ҳазор тонна маҳсулот буда, 40 сокини маҳаллиро бо ҷои кори доимӣ таъмин намудааст. Корхона чор хатти истеҳсолӣ дорад ва дар он беш аз 20 навъи санги табиӣ коркард мешавад; иқтидори истеҳсоли тахтасангҳои ороишӣ (мозаика) 10 ҳазор м³ ва коркарди санги мармар 160 ҳазор м³ дар як солро ташкил медиҳад.<ref name="fn1112">[https://asiaplustj.info/tj/node/350189 Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ аз Ванҷ оғоз шуд. Президент дар ин ноҳия кадом иншоотро ба истифода дод?] // Asia-Plus, 25 июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn1122">Ифтитоҳи корхонаҳои истеҳсоли калсит, коркарди мармар ва сангҳои ороишии ҶСК «Мармар Стоун» дар ноҳияи Ванҷ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
Дар ҳамон рӯз Парки саноатии ноҳия мавриди истифода қарор гирифт, ки дар масоҳати 788 м² ҷойгир буда, 6 корхонаи хурди истеҳсолиро фаро мегирад: истеҳсоли макарон, бандубасти маҳсулоти лӯбиёгӣ, коркарди равғани чормағз, коркард ва бандубасти меваи хушк, истеҳсоли собун ва дару тирезаҳои пластикӣ. Фаъолияти парк дар маҷмуъ 36 сокини маҳаллиро бо кор таъмин мекунад.<ref name="fn1112" /><ref name="fn1132">Ифтитоҳи Парки саноатии ноҳияи Ванҷ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
Дар доираи ҳамин парк, инчунин корхонаи коркарди равғани ангат (Hippophae rhamnoides) – растании шифобахши худрӯй, ки дар қад-қади дарёҳои ноҳия фаровон мерӯяд – ба кор шурӯъ кардааст; иқтидори он то 500 килограмм равғани холис дар як сол буда, аз ин ашё то 12 навъи маҳсулоти фармасевтию косметологӣ омода карда мешавад.<ref name="fn1142">Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ // Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ, июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Пеш аз таъсиси ин корхона, дар деҳаи Ғуҷоваст соҳибкорзан Васила Ғафурова коргоҳи хурди коркарди ангатро таъсис дода буд, ки маводи он берун аз ноҳия низ харидор пайдо кардааст.<ref name="fn1112" /> Барои дастгирии соҳибкории хурду миёна дар солҳои 2018-2019 ба соҳибкорони ноҳия зиёда аз 6,5 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шудааст.<ref name="fn1152">Сафарҳои дохилӣ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Энергетика ===
Дар Ванҷ чандин неругоҳи хурди барқи обӣ (НБО) фаъолият мекунад. Аз ҷумла, НБО-и ''«Техарв»'' дар дарёи Ванҷ бо иқтидори 400 кВт таҷдид гардида, ба шабакаи ягонаи барқи кишвар пайваст карда шудааст; НБО-и ''«Андарбак»'' дар водии Язғулом ба шабакаи ширкати ''«Помир Энерҷӣ»'' пайваст аст.<ref name="fn1162">[http://www.cawater-info.net/best-practices/ru/base/marker/21 Реконструкция МГЭС Техарв на реке Ванч мощностью 400 кВт в Ванчском районе Горно-Бадахшанской автономной области] (рус.) // CAWater-Info. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Таҳлилҳои соли 2021 нишон дода буданд, ки шабакаҳои барқии ноҳия ҳамагӣ 2,6 мегаватт барқ истеҳсол мекунанд, дар ҳоле ки барои фаъолияти пуриқтидори корхонаҳои нави саноати кӯҳӣ (ба мисли ''«Мармар Стоун»'') беш аз 5,6 мегаватт лозим буд.<ref name="fn1172">Имсол дар Ванҷ дар 15 гектар боғи нав бунёд карда шуд // АМИТ «Ховар», июли 2021. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Моҳи июни соли 2025 хатти интиқоли барқи дузанҷираи 35 ва 110-киловолтаи Хоруғ-Рӯшон бо дарозии 67,5 км ва зеристгоҳи ''«Ҷангал»'' ба маблағи умумии 114 миллион сомонӣ ба истифода дода шуд, ки интиқоли муназзами неруи барқро ба ноҳияҳои Рӯшон, Ванҷ ва Дарвоз ба маротиб беҳтар мегардонад; ҳамзамон сохтмони хатти 42-километраи интиқоли барқи 110-киловолта аз маркази ноҳияи Рӯшон то зеристгоҳи ''«Вознавд»'' оғоз ёфт, ки ба истифода додани он дар нимсолаи аввали соли 2026 пешбинӣ шудааст.<ref name="fn1182">[https://khovar.tj/2025/06/suhanronii-prezidenti-um-urii-to-ikiston-peshvoi-millat-emomal-ra-mon-dar-mulo-ot-bo-ro-baron-va-faoloni-viloyati-muhtori-k-istoni-badahshon/ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон] // АМИТ «Ховар», июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Нақлиёт ===
Нақлиёти ноҳия асосан автомобилист; як фурудгоҳи хурд ҳам дар шаҳраки Ванҷ (Рохарв) вуҷуд дорад. Қаламрави ғарбии ноҳия дар масири шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Мурғоб-Қулма қарор дорад; лоиҳаи таъмиру таҷдиди қитъаи ин шоҳроҳ аз Қалъаихумб то Ванҷ ва сарҳади ноҳияи Рӯшон арзиши умумии 2,5 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки то имрӯз корҳо ба маблағи 900 миллион сомонӣ анҷом ёфтаанд.<ref name="fn1192">Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ванҷ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> 25 июни соли 2025 роҳи мошингарди маркази ноҳия то нуқтаи пайвастшавӣ ба ин шоҳроҳ, иборат аз ду хатти ҳаракат бо дарозии умумии 16 км, пас аз таҷдид ба истифода дода шуд; дар дарозои роҳ истгоҳҳои нақлиётӣ ва гузаргоҳҳо барои пиёдагардон бунёд гардидаанд.<ref name="fn1112" /><ref name="fn1202">Ифтитоҳи роҳи маркази ноҳияи Ванҷ то нуқтаи пайвастшавӣ ба шоҳроҳи Душанбе--Кулма // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
23 июни соли 2025 ширкати ҳавопаймоии ''«Тоҷик Эйр»'' пас аз ёздаҳ соли танаффус (парвози охирин соли 2014 сурат гирифта буд) хатсайри ҳавоии Душанбе-Ванҷ-Душанберо аз нав кушод: парвози нахустин бо 15 мусофир анҷом ёфт. Парвоз дар ин масир 50 дақиқа тӯл кашида, тибқи ҷадвал ҳафтае як маротиба, рӯзҳои ҷумъа, бо ҳавопаймои Ан-28 иҷро мешавад ва нархи чипта дар як самт 750 сомонӣ муайян гардидааст.<ref name="fn1212">[https://asiaplustj.info/tj/node/350087 Оғози парвози ҳавопаймоӣ миёни Душанбе ва Ванҷ. Аввалин парвоз кай ва нархи чипта чанд аст?] // Asia-Plus, июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn1222">[https://asiaplustj.info/tj/node/350121 Пас аз 11 сол. Аввалин парвози ҳавопаймо дар масири Душанбе-Ванҷ-Душанбе анҷом ёфт] // Asia-Plus, 23 июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар доираи татбиқи ''«Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»'' (қабулшуда 28 июни соли 2024), 24 феврали соли 2026 дар шафати роҳҳои мошингарди ноҳияи Ванҷ беш аз 2000 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва сояафкану мевадиҳанда шинонида шуд.<ref name="fn1232">[https://khovar.tj/2026/02/daraht-binshon-dar-shafati-ro-oi-moshingardi-van-besh-az-2000-beh-ni-ol-shinonida-shud/ ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳҳои мошингарди Ванҷ беш аз 2000 бех ниҳол шинонида шуд] // АМИТ «Ховар», 24 феврали 2026. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Фарҳангу маориф ==
Пеш аз инқилоб аҳолии маҳаллии Ванҷ дар масҷидҳо ва хонаҳои муллоён хатту савод меомӯхтанд ва на ҳама ақшори мардум фурсат ва имкони саводомӯзӣ доштанд. Аз ин рӯ нисбати саводнокӣ дар миёни онҳо хеле паст буд ва ба сахтӣ метавонист ба 3-10 % бирасад. Саводомӯзии саросарии аҳолиро ҳукумати шӯравӣ ба роҳ монд.
Соли 1926 нахустин мактаб дар минтақа фаъолияти худро оғоз намуд: дар он танҳо 1 муаллим – Одил Боқиев (аз деҳаи Чихох) кор мекард ва 25 талаба дар он ҷо дарс меомӯхтанд. Соли 1930 шумораи муаллимон ба 7 нафар расид. Дар авохири даҳаи 30-юми асри XX тақрибан дар ҳамаи маҳалҳои сераҳолии деҳшӯроҳои Ванҷ мактабҳои ибтидоӣ таъсис ёфтанд, ки бештари бачагону наврасон дар онҳо таҳсил мекарданд.
Тобистони соли 1941 (дар арафаи [[Ҷанги Бузурги Ватанӣ]]) дастгоҳи кинонамоишдиҳӣ дар Ванҷ сохта, ба марҳалаи истифода расид. Соли 1941 дар вилоят 41 китобхона вуҷуд дошт, аз ҷумла китобхонаи ноҳиявӣ дар маркази Ванҷ ва 12 чойхонаи сурх. Дар аввали моҳи апрели соли 1930 дар яке аз деҳаҳои баландкӯҳи водии Ванҷ – Рованд нахустин маҷлиси ҷавонон баргузор шуд.
Дар соли таҳсилии 2011-2012 дар ноҳияи Ванҷ 50 мактаб, аз ҷумла 23 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 4 мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, 13 мактаби ибтидоӣ, мактаб-интернат ва муассисаи томактабӣ вуҷуд дошт. Дар ҳамин сол дар мактабҳои ноҳия 7437 талаба таҳсил мекард, ки ба онҳо 928 муаллими соҳибмаълумоти олӣ дарс медоданд.
25 июни соли 2025 дар деҳаҳои Мотравн, Будун, Вишхарв, Жамаг, Бунай, Техарв ва Ғиҷовасти ноҳия 7 кӯдакистони нав ифтитоҳ гардид: чор кӯдакистон аз ҳисоби буҷети маҳаллии вилоят ва се кӯдакистони дигар аз ҳисоби сокинони деҳаҳо тариқи ҳашар сохта шудаанд. Ин муассисаҳо аз 20 синфхона иборат буда, барои 380 тарбиятгиранда пешбинӣ шудаанд ва дар онҳо 34 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.<ref name="fn1112" /><ref name="fn1242">[https://khovar.tj/2025/06/peshvoi-millat-emomal-ra-mon-dar-no-iyai-van-ba-tavri-ma-oz-7-muassisai-talimii-tomaktabiro-iftito-namudand/ Ифтитоҳи 7 кӯдакистон дар ноҳияи Ванҷ] // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
Дар Ванҷ 45 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 1 театр, 13 клуб, 2 автоклуб, 5 хонаи фарҳанг, 25 китобхона бо фонди 114 960 нусха китоб фаъолият мекунад. Рӯзномаи ноҳиявӣ бо номи ''«Ватан»'' нашр мешавад.
== Тиб ==
Аввалин иттилои тиббии сабтшуда дар бораи Ванҷ ба гузориши капитан Кузнецов (соли 1892) рост меояд, ки паҳншавии бемории зоб (гулбандварамӣ)-ро дар байни дигар бемориҳои маъмули Дарвоз махсус қайд кардааст:
''«Изъ другихъ болѣзней особенно развитыхъ въ Дарвозѣ, слѣдуетъ отмѣтить зобъ, главнымъ образомъ по рѣкѣ Ванчъ.»''
Тарҷума: ''«Аз дигар бемориҳое, ки дар Дарвоз хеле паҳн шудаанд, бояд зобро қайд кард, ки асосан дар канори дарёи Ванҷ вомехӯрад»''.<ref name="fn1252">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 51.</ref>
Соли 1939 дар Ванҷ маркази тиббӣ ва бемористоне барои 10 кат сохта шуда буд. Ин иттифоқ дар канори душвориҳои азиме ба вуҷуд омад: то оғози асри XX дар водӣ тибби илмӣ вуҷуд надошт ва сокинон танҳо ба гиёҳдармонӣ ва дуохонӣ такя мекарданд, ки боиси сатҳи баланди фавти модарону кӯдакон мегардид.<ref name="fn492" /> Тибқи як таҳқиқи диссертатсионӣ, гузариш ба тибби муосир бо муқовимати шадид ҳамроҳ буд: соли 1929 табиби рус Спажев, ки барои расонидани кумаки аввалияи тиббӣ ба Ванҷ фиристода шуда буд, аз ҷониби дастаҳои босмачӣ ба қатл расонида шуд – ҳодисае, ки соли 1931 бо қатли табиб Олхов дар ноҳияи ҳамҷавори Қалъаихумб такрор ёфт.<ref name="fn1262">Диссертатсия // Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ.</ref> Муҳоҷирати маҷбурии соли 1954-и сокинони водии Язғулом ба водии гарми Вахш низ оқибатҳои вазнини беҳдоштӣ – бемории оммавӣ ва фавти зиёди кӯдакон – ба бор овард, ки яке аз сабабҳои бозгашти тадриҷии як қисми муҳоҷирон ба зодгоҳашон гардид.<ref name="fn492" />
Ҳоло дар ноҳия як беморхонаи марказӣ (дар шаҳраки Рохарв, дорои 6 шуъбаи бистарикунонӣ), як беморхонаи минтақавӣ дар водии Язғулом, 22 бунгоҳи тиббӣ, маркази назорати беҳдоштӣ (санитарию эпидемиологӣ) ва 4 дорухона фаъолият доранд. Тибқи маълумоти соли 2023, ба ин шабака 57 310 нафар бемор муроҷиат кардааст – ба ҳисоби миёна беш аз 1,6 маротиба барои ҳар сокини ноҳия дар як сол.<ref name="fn1272">Ванҷ. Роҳандозии тадбирҳо дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар сохтори марказии шабака 47 духтури дорои маълумоти олӣ ва 193 корманди миёнаи тиббӣ кор мекунанд; рақами 369 нафар пизишки дорои маълумоти олӣ, ки дар маъхазҳои умумӣ оид ба ноҳия зикр мешавад, эҳтимол тамоми мутахассисони тиббии ҳудуди ноҳияро – аз ҷумла дорухонаҳо, СЭС ва муассисаҳои хусусиро – дар бар мегирад.<ref name="fn1272" />
Дар водии дурдасти Язғулом, ки пеш аз истиқлол мардум маҷбур буданд беморони вазнинро тавассути чорвои борбар ба масофаҳои дур интиқол диҳанд, имрӯз як дармонгоҳи минтақавӣ, ду маркази саломатӣ, се бунгоҳи тиббӣ дар деҳаҳои дурдаст ва як таваллудхонаи махсусгардонидашуда фаъолият доранд.<ref name="fn1272" /> Дар деҳаи Гармчашмаи ҷамоати Рованд, наздики лозури Ванҷях, як маркази саломатии муосир бо ҳамкории Вазорати тандурустӣ ва Хадамоти ҳифзи сиҳатии [[Бунёди Оғохон]] (Aga Khan Health Services) сохта шудааст.<ref name="fn1282">Ифтитоҳи маркази саломатӣ дар ноҳияи Ванҷ // АМИТ «Ховар», сентябри 2015. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар доираи барномаи миллии рушди инфрасохтори тиббӣ, соли 2025 сохтмони бинои нави Беморхонаи марказӣ барои 120 кат бо арзиши 114 миллион сомонӣ оғоз гардид.<ref name="fn1292">Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Ванҷ // Президенти Тоҷикистон, 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Барои ҳалли норасоии кадрҳо, тайи давраи соҳибистиқлолӣ 142 нафар хатмкунандаи ноҳияи Ванҷ дар муассисаҳои олии тиббии ҷумҳурӣ (пеш аз ҳама Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино) таҳсил кардаанд, ки аз ин шумора 40 нафар тавассути квотаи президентӣ буда, соли 2025 боз 22 нафари дигар ба ҳамин квота фаро гирифта шуданд.<ref name="fn1292" /> Барномаи ''«Корвони саломатӣ»''-и Вазорати тандурустӣ низ борҳо ба Ванҷ ташриф оварда, ба табибони маҳаллӣ таҷрибаандӯзӣ фароҳам овардааст.<ref name="fn1302">«Корвони саломатӣ». Сокинони ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ бо хизматрасонии ройгони тиббӣ фаро гирифта шуданд // АМИТ «Ховар», майи 2022. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Бо сабаби баландкӯҳ будани минтақа, Ванҷ таърихан ба минтақаҳои паҳншавии бемории ҷоғвар (норасоии йод) мансуб буд; тибқи маълумоти таҳлилӣ, дар натиҷаи стратегияи миллии йодизатсияи намак сатҳи паҳншавии ин беморӣ дар давраи солҳои 2019-2023 то 72 фоиз коҳиш ёфтааст.<ref name="fn1312">Авҷи Зуҳал, № 2, 2025.</ref> Бо назардошти сатҳи баланди муҳоҷирати меҳнатии сокинони ноҳия, маркази маҳаллии мубориза бар зидди ВНМО (ВИЧ) корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни ҷавонон пайваста мегузаронад.<ref name="fn1272" /> Дар давраи пандемияи [[COVID-19]] Беморхонаи марказии Ванҷ шуъбаи бемориҳои сироятиро ба реҷаи фавқулодда гузаронид, ва моҳи июни соли 2020 тибқи барномаи дастгирии [[Иттиҳоди Аврупо]] ба ин муассиса таҷҳизоти муҳофизати инфиродӣ (PPE) расонида шуд.<ref name="fn1322">EU timeframe for PPE distribution // Хадамоти амали берунии Иттиҳоди Аврупо (EEAS), июни 2020. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Беморхонаи марказӣ соли 2014 пурра ба низоми гармкунии барқӣ (аз ҳисоби неругоҳҳои хурди барқи обӣ) гузашт, ҳарчанд барои ҳолатҳои фавқулодда ҳарсола захираи эҳтиётии сӯзишворӣ нигоҳ дошта мешавад.<ref name="fn1332">Беморхонаи Ванҷ ба низоми гармкунии барқӣ гузашт // АМИТ «Ховар», январи 2014. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Тибқи санҷиши Агентии амнияти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳо (июли 2024), Беморхонаи марказии Ванҷ талаботи қонунгузории бехатарии радиатсиониро пурра риоя намуда, дараҷаи хатари фаъолияти он ''«паст»'' арзёбӣ шудааст.<ref name="fn1342">[https://cbrn.tj/ Феҳристи Агентии амнияти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ (cbrn.tj)]. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Варзиш ==
Ванҷ аз даврони қадим бо гуштигирони номвари худ шуҳратёр буд. Номи паҳлавонони ванҷӣ – Амонат, Сулаймон, Дилдор, Хушдил, Худоӣ, Ҳиммат, Ш. Дилов, Алифбек ва дигарон то кунун ба некӣ ёд мешавад ва қиссаҳои майдондориашон ҳанӯз вирди забони хосу ом аст. Соли 2024 гӯштини миллии тоҷикӣ ([[гӯштингирӣ]]) дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта шуда, мақоми расман байналмилалӣ касб кард; шумораи мусобиқаҳои ин намуди варзиш дар саросари ҷумҳурӣ аз 485 адад дар соли 2020 то тақрибан 4000 адад дар соли 2022 афзудааст.<ref name="fn1352">[https://mfa.tj/tg/brussels/view/12033/gushtini-tojiki-maqomi-bainalmilali-girift Гӯштини тоҷикӣ мақоми байналмилалӣ гирифт] // Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Паҳлавони ванҷӣ [[Шакармамад Мирмамадов]], ки дар якчанд намуди варзиш (ҷудо, кураш, гӯштингирӣ) рақобат мекунад, яке аз муваффақтарин варзишгарони вазни сангини Тоҷикистон дар даҳсолаи охир аст: соҳиби медали биринҷии Бозиҳои XVIII осиёии соли 2018 дар Ҷакарта (ҷудо, +100 кг),<ref name="fn1362">Бозиҳои XVIII осиёӣ: Шакармамад ҳам соҳиби медали биринҷӣ гардид // Радиои Озодӣ. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> медали тиллои Чемпионати 13-уми Осиё оид ба кураш дар Теҳрон (июни 2024)<ref name="fn1372">Шакармамад Мирмамадов қаҳрамони Осиё оид ба кураш // Варзиш ТВ. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> ва медали тиллои Нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ дар Душанбе (28-31 августи 2024, бо иштироки беш аз 200 варзишгар аз 63 давлат) гардид.<ref name="fn1382">Варзишгари тоҷик Шакармамад Мирмамадов дар нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ медали тилло ба даст овард // АМИТ «Ховар», августи 2024. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар мусобиқаҳои Наврӯзии байналмилалӣ дар Хоруғ (марти 2025) ва Рашт (апрели 2026) низ ғолиб омада, ҳарду бор соҳиби автомобил гардид.<ref name="fn139" /><ref name="fn140">[https://khovar.tj/2026/04/mu-ammadin-shodmon-far-od-va-shakarmamad-so-ibi-sho-oiza-oi-musobi-ai-g-shtini-millii-no-iyai-rasht-shudand/ Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд] // АМИТ «Ховар», 15 апрели 2026. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
25 марти соли 2020 дар ҷамоати деҳоти Язғулом бахшида ба Наврӯз мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ баргузор гардид, ки дар он беш аз 300 нафар паҳлавон на танҳо аз Ванҷ, балки аз Душанбе, [[Бохтар]], Кӯлобу Хоруғ ва ноҳияҳои Дарвозу Рӯшон иштирок карданд.<ref name="fn139" />
Дар ноҳия беш аз 40 иншооти варзишӣ мавҷуд аст. 25 июни соли 2025 дар деҳаи Убари Даргов толори варзишӣ бо масоҳати умумии 615 м², иборат аз толори асосӣ, толори тенниси рӯи миз ва ҳуҷраҳои ёрирасон, ба истифода дода шуд.<ref name="fn1112" /><ref name="fn141">Ифтитоҳи толори варзишӣ дар деҳаи Убари Даргови ноҳияи Ванҷ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref> Ҳамчунин, 15 ноябри соли 2025, дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар деҳаи Андарбоғи ҷамоати Язғулом толори варзишии замонавӣ, ки бо маблағи 480 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст, ба истифода дода шуд.<ref name="fn142" /> Пеш аз ин, 11 сентябри соли 2018 бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамин ҷамоати Язғулом низ як толори варзишӣ ба истифода дода шуда буд.<ref name="fn152" />
Ба ғайр аз гӯштин, дар солҳои охир [[волейбол]] низ дар ноҳия рушд кардааст: дар мусобиқаи маҳаллӣ 7 дастаи волейболи ҷавонон иштирок доранд, ва дастаи ноҳияи Ванҷ дар Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявии волейбол дар ноҳияи Восеъ дар қатори дастаҳои пуриқтидоре чун ''«Регар ТадАЗ»'' ва дастаи шаҳри Душанбе иштирок карда, рақобати арзанда нишон додааст.<ref name="fn143">[https://khovar.tj/2025/06/regar-tadaz-dar-musobi-a-oid-ba-volejbol-dar-no-iyai-vose-sazovori-sho-oiza-gardid/ «Регар ТадАЗ» дар мусобиқа оид ба волейбол дар ноҳияи Восеъ сазовори Шоҳҷоиза гардид] // АМИТ «Ховар», июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар Бозиҳои осиёии соли 2018, ки [[самбо]] бори аввал ба барномаи он дохил шуда буд, Тоҷикистонро дар қатори дигарон ду варзишгари ҷавон – Ҷомии Ҳасанӣ ва Сомон Сангов – намояндагӣ карданд.<ref name="fn1362" />
== Шахсиятҳои маъруф ==
[[Мулло Муҳаммадёри Ванҷӣ]] (машҳур ба Мулло Ёр) – шоири маъруфи мардумии тоҷик, зодаи деҳаи Ғумаяки водии Ванҷ; мероси ӯ то имрӯз дар байни мардуми кӯҳистони тоҷик маҳбубият дорад.<ref name="fn211" />
=== Илмҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ ===
Раҳим Масов (16 ноябри 1939, деҳаи Мудеҳарви ноҳияи Ванҷ – 21 июни 2018, Душанбе) – таърихшиноси барҷастаи тоҷик, доктори илмҳои таърих, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон; солҳои 1988–2015 директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш.<ref name="fn1442">[https://khovar.tj/rus/2022/11/akademik-rahim-masov-zhizn-posvyashhennaya-otstaivaniyu-natsionalnyh-interesov-tadzhikistana-segodnya-velikomu-uchenomu-ispolnilos-by-83-goda/ Академик Рахим Масов: жизнь, посвящённая отстаиванию национальных интересов Таджикистана] (рус.) // НИАТ «Ховар», 16 ноябри 2022. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="fn1452">[https://asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/society/20180621/segodnya-v-dushanbe-skonchalsya-akademik-rahim-masov Сегодня в Душанбе скончался академик Рахим Масов] (рус.) // Азия-Плюс, 21 июни 2018. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Ҳайдаршо Пирумшоев (таваллуд 30 декабри 1944, ноҳияи Ванҷ) – таърихшинос, доктори илмҳои таърих, профессор; муаллифи асарҳои ''«Ванҷ»'' (М., 2004), ''«Ванҷи ману ганҷи ман»'' (Душанбе, 2013) ва таҳқиқоти сершумор оид ба таърихи Бадахшону Помир.<ref name="fn1462">[https://asiaplustj.info/tj/node/356410 Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо... 30 декабри соли 2025] // Asia-Plus. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
[[Комил Бекзода]] (Беков Комилҷон; таваллуд 9 январи 1945, деҳаи Узбайи ноҳияи Ванҷ) – файласуфи тоҷик, доктори илмҳои фалсафа.<ref name="fn1672">[https://www.ozodi.org/a/600091.html Комил Бекзода Наврузро ҷашни орзуҳо медонад - Радиои Озодӣ]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Хатмкардаи шуъбаи забони арабии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1967), беш аз ҳафт сол дар Миср ва Яман ба ҳайси тарҷумон кору фаъолият намуд.<ref name="fn1682">[https://kmt.tj/komil-bekzoda-fajlasufe-bo-andeshai-milly/ Комил Бекзода – файласуфе бо андешаи миллӣ - Китобхонаи миллии Тоҷикистон]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Соли 1988 рисолаи номзадӣ дар мавзӯи «Муҳаммади Шаҳристонӣ – муаррихи дин ва фалсафа» ва соли 2019 рисолаи доктории худро таҳти унвони «Нақши шуубия дар таърихи худшиносии халқи тоҷик» ҳимоя намуд.<ref name="fn1682" />
Авсамад (Абдусамад) Ҳайдаров (таваллуд 1 октябри 1961, деҳаи Бунайи ноҳияи Ванҷ) – забоншинос ва педагог, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент.<ref name="fn1712">[[Авсамад Ҳайдаров|Авсамад Ҳайдаров — Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Хатмкардаи факултети шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1986), солҳои 1986–1988 дар ҳайати қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон хидмат кард.<ref name="fn1712" /> Соли 2012 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи ислоҳоти маорифи Аҳмади Дониш дифоъ намуд ва соли 2019 китоби ''«Фарҳанги тафсирии мухтасари луғоти шеваи ҷанубу шарқии забони тоҷикӣ»''-ро таълиф кард, ки дар он, аз ҷумла, этимологияи вожаи «Ванҷ» таҳлил шудааст.<ref name="fn1663" /><ref name="fn1712" />
{| class="wikitable"
|+Ҷадвали 6. Намояндагони барҷастаи илмҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ аз ноҳияи Ванҷ
!Ному насаб
!Соҳаи фаъолият
!Асарҳо ва дастовардҳои калидӣ
!Унвони илмӣ / Мақом
|-
|Раҳим Масов
|Таърихнигорӣ
|Таҳқиқи тақсимоти ҳудудии миллӣ дар Осиёи Миёна
|Академик, директори Институти таърих (1988–2015)
|-
|Ҳайдаршо Пирумшоев
|Таърихнигорӣ
|''«Ванҷ»'' (2004), ''«Ванҷи ману ганҷи ман»'' (2013)
|Доктори илмҳои таърих, профессор
|-
|Авсамад Ҳайдаров
|Педагогика, забоншиносӣ
|Таҳқиқи афкори Аҳмади Дониш, ''«Фарҳанги тафсирии мухтасари луғот...»''
|Номзади илмҳои педагогӣ, дотсент
|}
=== Илмҳои табиатшиносӣ ===
Кабут Вазиров (15 ноябри 1938 – 13 июли 2019) – муҳандис-геолог, номзади илмҳои геология ва минералогия (1975), профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои муҳандисии Тоҷикистон (2003).<ref name="fn1722">[[Кабут Вазиров|Кабут Вазиров — Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Зодаи ноҳияи Ванҷ, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1961), муаллифи зиёда аз 400 мақолаи илмию методӣ, 4 китоби дарсӣ ва 3 монография оид ба сарватҳои зеризаминии Тоҷикистон.<ref name="fn1722" /> Пас аз даргузашти ӯ хонаводааш 638 нусха китоб аз китобхонаи шахсиаш ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон тақдим намуданд.<ref name="fn1732">[http://old.kmt.tj/beshtar-az-600-kitobi-kabut-vazirov-ba-kitobhonai-milli-takdim-shud Бештар аз 600 китоби Кабут Вазиров ба Китобхонаи миллӣ тақдим шуд]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
Саид Савлатов (таваллуд 17 майи 1940, деҳаи Чихохи ноҳияи Ванҷ) – биолог, дотсент, номзади илмҳои биологӣ (1972).<ref name="fn1742">[[Саид Савлатов|Саид Савлатов — Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Таҳқиқоти ӯ ба масъалаҳои растанипарварӣ, ҳашаротшиносӣ ва меросгузории аломатҳо дар наслҳои гибридии пахта бахшида шудаанд; солҳои 1984–1989 мудири кафедраи зоологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ буд ва бо нишони «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (1984) сарфароз гардидааст.<ref name="fn1742" />
=== Адабиёт ва рӯзноманигорӣ ===
Дар марҳилаи адабиёти шӯравӣ ва пасошӯравӣ, Басир Расо (13 июли 1931 – 11 июли 2010), зодаи деҳаи Водхуд, ба яке аз чеҳраҳои шинохтаи адабиёти танзу ҳаҷви тоҷик табдил ёфт; дар кӯдакӣ тарбиятгирандаи хонаи бачагон буд ва дар ансамбли этнографии бачагонаи Помир иштирок мекард, ва фаъолияти меҳнатии худро солҳои 1948–1949 ба ҳайси пионервожатӣ оғоз намуд.<ref name="fn195" /><ref name="fn1772">[https://navisandagan.tj/tj/%D1%80%D0%B0%D1%81%D0%BE-%D0%B1%D0%B0%D1%81%D0%B8%D1%80/ РАСО БАСИР - ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref><ref name="fn1752">[[Басир Расо|Басир Расо — Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Пас аз хатми факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1956), фаъолияти рӯзноманигории худро дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» ва маҷаллаи «Хорпуштак» оғоз намуд ва аз соли 1964 то охири умраш – беш аз чиҳил сол – сармуҳаррири маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» боқӣ монд.<ref name="fn1762">[https://www.ozodi.org/a/2097189.html Даргузашти сардабири "Хорпуштак" - Радиои Озодӣ]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref><ref name="fn1772" /> Маҷмӯаҳои ашъори ӯ, аз қабили ''«Дар боргоҳи нур»'', ''«Нидои дӯст»'' ва ''«Баҳори орзӯ»'', ба жанри ғазал ва шеъри лирикӣ низ тааллуқ доранд; ӯ дорои унвони «Ходими шоистаи маданияти Тоҷикистон» буд.<ref name="fn1752" />
Дар соҳаи журналистикаи муосир ва таҳлилӣ, рӯзноманигори собиқадор Аслам Додихудоев (1946–2023) нақши босазо дошт ва дар инкишофи матбуоти даврӣ ва мактаби журналистикаи таҳлилии кишвар саҳм гузоштааст.<ref name="fn1782">[[:ru:Додихудоев|Додихудоев - Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Тибқи феҳристи категорияи «Зодагони ноҳияи Ванҷ»-и Википедияи тоҷикӣ, дигар аҳли қалам ва рӯзноманигорони зодаи ин ноҳия – аз ҷумла Хилватшоҳи Маҳмуд, Бурҳон Раҳмон, Наврӯз Гулзода ва Насрин Идибеков – низ дар ғанигардонии фазои адабӣ ва иттилоотии кишвар саҳм доранд.<ref name="fn1792">[[:Гурӯҳ:Зодагони ноҳияи Ванҷ|Гурӯҳ:Зодагони ноҳияи Ванҷ — Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
=== Санъати тасвирӣ ва мусиқӣ ===
Анваршо Сайфиддинов, Арбоби ҳунар ва Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон, аз соли 1984 узви Иттифоқи рассомони собиқ ИҶШС буда, дар доираҳои ҳунарӣ ба унвони ғайрирасмии «Шоҳи рангҳо» маъруф аст.<ref name="fn1802">[https://farah-info.com/habari-ruz/nigohi-purasrori-anvarsho-sajfiddinov-ba-gety/ Нигоҳи пурасрори Анваршо Сайфиддинов ба гетӣ - Асосӣ - Фараҳ]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Осори ӯ – аз наққошӣ то санъати монументалӣ – рамзҳои фарҳанги бостонии тоҷиконро бо услубҳои муосир омезиш медиҳад; намунаҳои эҷодиёташ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва коллексияҳои Русия, Аврупо ва Осиё маҳфузанд, ва ӯ ҳамчун омӯзгор дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов фаъолият дорад.<ref name="fn1802" /> Дар соҳаи санъати амалӣ, устод Маҳмадкарим Рақибов, омӯзгори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва нақшҳои миллӣ фаъолият мебарад.<ref name="fn1812">[https://ddstdt.tj/10524-2/ МУСАВВИР - Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Дар соҳаи санъати овозхонӣ, Нуқраи Суннатниё низ ҳамчун яке аз хонандагони шинохтаи зодаи ноҳия ном бурда мешавад.<ref name="fn1792" />
=== Идоракунии давлатӣ ва сиёсат ===
Қодири Қосим (таваллуд 9 апрели 1961, ноҳияи Ванҷ) – ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон.<ref name="fn1472">Председатель Федерации независимых профсоюзов Таджикистана Кодири Косим выдвинут кандидатом в депутаты Маджлиси намояндагон (рус.) // НИАТ «Ховар», январи 2020. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Маҳмадулло Абдуллоев роҳбарии ноҳияи Ванҷро зиёда аз 20 сол (тахминан солҳои 1980-ум) ба ҳайси котиби якум бар ӯҳда дошт; таҳти роҳбарии ӯ соли 1984 нахустин корхонаи истеҳсоли санги мармар дар Бадахшон ба кор даромад ва боғдории минтақа (аз ҷумла парвариши чормағз дар мавзеи «Ҷангали Зуго» ва навъҳои гуногуни тут) рушд ёфт.<ref name="fn1822">[[Деҳоти Маҳмадулло Абдуллоев|Деҳоти Маҳмадулло Абдуллоев — Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Ба ифтихори ин хидматҳо, ҷамоати марказии ноҳия (собиқ ҷамоати Ванҷ) расман ба номи Маҳмадулло Абдуллоев номгузорӣ шудааст.<ref name="fn1832">[[:ru:Махмадулло_Абдуллоев_(джамоат)|Махмадулло Абдуллоев (джамоат) - Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
Ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992–1997 ба ҷомеаи зиёии Ванҷ низ талафоти вазнин овард: тибқи феҳристи қурбониён ва бедарак гумшудагони даврони ҷанг, ашхосе чун Қурбонназар Халифаев (соли таваллуд 1967, муаллим), Қурбон Абдуллоев (соли таваллуд 1938) ва Муҳаммадӣ Назарихудоев (соли таваллуд 1955, мудири шуъбаи комиҷроияи ноҳияи Ҷилликӯл) дар байни бедарак гумшудагону кушташудагони ин давра ёд мешаванд.<ref name="fn1862">[https://www.ozodi.org/a/31911429.html Рӯйхат. Номи гуруҳе аз қурбониён ва гумшудаҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
{| class="wikitable"
|+Ҷадвали 8. Намояндагони идоракунии давлатӣ ва ниҳодҳои ҷамъиятӣ аз ноҳияи Ванҷ
!Ному насаб
!Давраи фаъолият
!Вазифа ва саҳми асосӣ
|-
|Маҳмадулло Абдуллоев
|Солҳои 1980-ум
|Роҳбари ноҳия (>20 сол), бунёди корхонаи мармар (1984), рушди боғдории саноатӣ
|-
|Қодири Қосим
|Давраи муосир
|Ходими давлатӣ, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил
|}
=== Варзиш ===
Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ [[Мурувватшо Бачабеков]] (1 майи 1944 – 9 сентябри 2023, деҳаи Баравни ҷамоати Водхуд) – бунёдгузори мактаби муосири гӯштини Ванҷ; солҳои 1972–1994 устоди кафедраи тарбияи ҷисмонии Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) буд.<ref name="fn1482">[https://www.bomdod.com/2023/09/12/ustodi-pahlavononi-vanj-muruvvatsho-bachabekov-az-dunyo-raft/ Устоди паҳлавонони Ванҷ Мурувватшо Бачабеков аз дунё рафт] // Бомдод, 12 сентябри 2023. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Маҳмадшариф Сулаймонов (зодаи деҳаи Рованд) – устоди дигари варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ дар гӯштини миллӣ, ки зиёда аз панҷоҳ сол дар майдони паҳлавонӣ фаъолият дорад.<ref name="fn1492">Суфраи паҳлавонӣ // Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Носир Хусравов (1958 – 9 январи 2024), хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, мураббии варзидаи гӯштини миллӣ ва самбо буд; ҳамчун мудири мактаби варзишии ноҳияи Ванҷ ва сармураббии дастаи мунтахаби самбои ВМКБ даҳҳо варзишгари сатҳи байналмилалиро тарбия кардааст.<ref name="fn1872">[https://www.ozodi.org/a/32767418.html Падари ҷаҳонпаҳлавон Хушқадам Хусравов даргузашт - Радиои Озодӣ]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
Хушқадам Хусравов (таваллуд 1 январи 1993, деҳаи Рохарв), писар ва шогирди Носир Хусравов, дар вазни 62 кг оид ба самбо рақобат мекунад.<ref name="fn1882">[[:en:Khushqadam_Khusravov|Khushqadam Khusravov - Wikipedia]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Соли 2013 ӯ қаҳрамони ҷаҳон байни ҷавонон гардид, соли 2014 дар Тошканд қаҳрамони Осиё шуд ва соли 2018 дар Бухарести Руминия унвони қаҳрамони ҷаҳон оид ба самборо ба даст овард.<ref name="fn1892">[https://khovar.tj/2015/03/medali-tilloi-hush-1179-adam-husravov-dar-1206-omi-1207-a-1203-onii-sambo/ Медали тиллои Хушқадам Хусравов дар Ҷоми ҷаҳонии самбо | АМИТ "Ховар"]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref><ref name="fn1902">[[Хушқадам Хусравов|Хушқадам Хусравов — Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
Дастоварди олимпии таърихиро Сомон Маҳмадбеков (таваллуд 24 марти 1999, Иркутск, Русия) ба даст овард; вай дар хонаводаи тоҷикони муҳоҷир, зодагони ноҳияи Ванҷ (Моёншоҳ Маҳмадбеков ва Ҷамила Парвонаева), ба дунё омадааст. Дар Бозиҳои олимпии Париж (2024) ӯ барандаи медали биринҷӣ дар намуди ҷудо гардид.<ref name="fn1912">[https://www.bomdod.com/2024/07/31/nahustin-medali-tojikiston-dar-bozihoi-olimpii-poris-ofarinat-supersomon/ НАХУСТИН МЕДАЛИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПОРИС. ОФАРИНАТ, СУПЕРСОМОН! - Пойгоҳи хабарии "Бомдод"]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
Дар деҳаи Вишхарвак муаллими мактаб Рамазон Синонов барои наҷоти як наврас бо хирси ваҳшӣ дастбагиребон шуда, онро мағлуб кард – ҳодисае, ки дар матбуоти маҳаллӣ ҳамчун намунаи паҳлавонии ғайривaрзишии сокинони Ванҷ инъикос ёфт.<ref name="fn1922">[https://www.bomdod.com/2021/10/21/muallimi-pahlavoni-vanji-hirsro-haluk-andohtu-ba-zamin-afkand/ МУАЛЛИМИ ПАҲЛАВОНИ ВАНҶӢ ХИРСРО ҲАЛУК АНДОХТУ БА ЗАМИН АФКАНД]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
{| class="wikitable"
|+Ҷадвали 7. Натиҷаҳои барҷастаи варзишгарони мактаби Ванҷ дар сатҳи байналмилалӣ
!Варзишгар
!Намуди варзиш
!Унвон ва мусобиқа
!Дастовард
|-
|Сомон Маҳмадбеков
|Ҷудо
|Бозиҳои олимпӣ (2024, Париж, Фаронса)
|Медали биринҷӣ
|-
|Хушқадам Хусравов
|Самбо
|Чемпионати ҷаҳон (2018, Бухарест, Руминия)
|Медали тилло
|-
|Хушқадам Хусравов
|Самбо
|Чемпионати Осиё (2014, Тошканд, Ӯзбекистон)
|Медали тилло
|-
|Шакармамад Мирмамадов
|Гӯштингирӣ
|Чемпионати ҷаҳон (2024, Душанбе, Тоҷикистон)
|Медали тилло
|-
|Шакармамад Мирмамадов
|Ҷудо
|Бозиҳои осиёӣ (2018, Ҷакарта, Индонезия)
|Медали биринҷӣ
|-
|Шакармамад Мирмамадов
|Кураш
|Чемпионати Осиё (2024, Теҳрон, Эрон)
|Медали тилло
|}
=== Соҳибкории иҷтимоӣ ва диаспора ===
Баҳор Мирзоев, зодаи деҳаи Бунайи ҷамоати Ҷовидон, дар доираи солҳои 2019–2021 аз пасандозҳои шахсии худ 140 ҳазор сомонӣ барои сохтани пули пиёдагузари замонавӣ болои дарёчаи кӯҳии Даргов (тақрибан 35 метр дарозӣ) сарф намуд, ки барои чор нафар сокинони маҳаллии баргашта аз муҳоҷират ҷойи кори муваққатӣ фароҳам овард.<ref name="fn1932">[https://migration.tj/%D1%81%D0%BE%D2%B3%D0%B8%D0%B1%D0%BA%D0%BE%D1%80%D3%A3-%D0%B2%D0%B0%D0%BD%D2%B7%D3%A3-%D0%BF%D1%83%D0%BB%D0%B8-%D0%BF%D0%B8%D1%91%D0%B4%D0%B0%D0%B3%D1%83%D0%B7%D0%B0%D1%80-%D0%BC%D0%B5%D1%81%D0%BE/ Соҳибкорӣ Ванҷӣ пули пиёдагузар месозад - Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
Марҳум Эҳсоншо Мунавваров ва Моёншо Маҳмадбеков ҳамчун тоҷирони шинохта дар Федератсияи Русия, ҳамчун мададрасон ва пуштибони иҷтимоии диаспораи тоҷикони ноҳияи Ванҷ дар хориҷ аз кишвар эътироф шудаанд.<ref name="fn1942">[https://pressa.tj/so%D2%B3ibkori-muvaffa%D2%9Bi-van%D2%B7%D3%A3-dar-rusiya-darguzasht/ Соҳибкори муваффақи ванҷӣ дар Русия даргузашт - Pressa.tj]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
Тибқи феҳристи категорияи «Зодагони ноҳияи Ванҷ»-и Википедияи тоҷикӣ, дар қатори шахсиятҳои маъруфи соҳаҳои гуногун инчунин метавон аз Мадатбек Тоҷибеков, Меҳровар Ғайратов, Муриват Бекназаров, Саломи Нуриёни Баравнӣ, Саттор Қувватов, Сафина Иронова, Толиббек Бухориев, Тоҳир Гулов, Шумқор Одинабеков, Ғайратшо Роҳатов ва Қобиламоҳ Баротова ном бурд, ки ҳар кадоме дар рушди бахшҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар саҳм доранд.<ref name="fn1792" />
== Ҳукумат ==
Сарвари ноҳияи Ванҷ Раиси ноҳия аст, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мегардад.<ref name="fn310" /> Ниҳоди намояндагии ноҳия – Маҷлиси вакилони халқ мебошад, ки аз тарафи мардуми ноҳия ба муддати 5 сол интихоб мешавад.<ref name="fn310" />
Раисони ноҳия дар тӯли фаъолияти маъмурии он борҳо иваз шудаанд; барои мисол, 17 ноябри соли 2021 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷабори Қосим аз мансаби раиси ноҳияи Ванҷ озод карда шуда, ба ҷои ӯ Мардзода Одинашо Миршаб ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия таъин гардид.<ref name="fn150">[https://sputnik.tj/20211117/barkanori-jabbori-qosim-nazarshozoda-vanj-roshtqala-1043601608.html Раисони Ванҷу Роштқалъа барканор шуданд: раҳбарони нав киянд?] // Sputnik Тоҷикистон, 17 ноябри 2021. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Эзоҳ ==
{{Reflist|30em}}
== Манобеъ ==
* Андреев М. С. Выработка железа в долине Ванча (верховья Аму-Дарьи). – Ташкент, 1926.
* Бубнова М. А. Горно-Бадахшанская автономная область. Западный Памир (памятники каменного века – XX в.). – Душанбе, 2008. – (Археологическая карта Таджикистана).
* Бурхан-уд-Дин-хан Кушкеки. Путеводитель по Каттагану и Бадахшану. – Ташкент, 1926.
* Гулшанӣ. Таърихи ҳумоюн. – Душанбе, 2006.
* Искандаров Б. И. Восточная Бухара и Памир во второй половине XIX в. Ч. 1-2. – Душанбе, 1962-1963.
* Камалиддинов Ш. С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX – начала XIII вв. – Ташкент, 1996.
* Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). – Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893.
* Лашкарбеков Б. Б. Старованджский язык (vanǰivor) // Основы иранского языкознания: Среднеиранские и новоиранские языки / под ред. В. А. Ефимова. – М.: Восточная литература, 2008. – С. 61-109.
* Масов Р. М. К истории Ванчской долины // Мероси ниёгон. – Душанбе, 1999. – № 4. – С. 20-30.
* Мушкетов Д. И. Рохаръ (Кала-и-Ванчъ). – Петроградъ: Типографія М. М. Стасюлевича, 1916. – (Отдѣльный оттискъ изъ тома LII (1916 г.) Извѣстій Императорскаго Русскаго Географическаго Общества № 876).
* Пирумшоев Ҳ. Ванҷ. – М., 2004.
* Пирумшоев Ҳ., Зафаров А. Ванҷи ману ганҷи ман (очерки таърихӣ). – Душанбе, 2013.
* Постников А. В. Схватка на «Крыше Мира»: политики, разведчики и географы в борьбе за Памир в XIX веке. – М.: Памятники исторической мысли, 2001. – ISBN 5-88451-100-0.
* Розенфельд А. З. Ванджские говоры таджикского языка / ЛГУ им. А. А. Жданова. – Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. – 151 с.
* Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. – М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903.
* Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. – Душанбе: СИЭМТ, 2013.
* Эдельман Д. И. Язгулямский язык. – М.: Наука, 1966.
* Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. – М.: Наука (ГРВЛ), 1975. – С. 41-62.
* Языки мира: Иранские языки. III. Восточноиранские языки. – М.: Индрик, 2000.
* Moseley Chr. (ed.) Atlas of the World's Languages in Danger. – 3rd ed. – Paris: UNESCO Publishing, 2010.
* Paul D., Abbess E., Müller K., Tiessen C., Tiessen G. Language Access and Tajik Language Proficiency among the Yazghulami of Tajikistan. – SIL International, 2010.
== Пайвандҳо ==
* [https://www.vanjiman.com/ Сомонаи vanjiman.com]
* [https://vanj.info/ Торнамои Ванҷ (vanj.info)]
* [http://badakhshon.tj/?page_id=11224 Саҳифаи ноҳияи Ванҷ дар сомонаи расмии ВМКБ]
* [[c:Category:Vanj_District|Парвандаҳо дар Викианбор (Vanj District)]]
{{тоҷикистон-ҷуғ-нопурра}}
{{Тақсимоти маъмурии ВМКБ}}
{{Ноҳияи_Ванҷ}}
[[Гурӯҳ:Ноҳияҳои Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]]
[[Гурӯҳ:Ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]]
[[Гурӯҳ:Ноҳияи Ванҷ]]
bbbkbcz5x2fjhxmspnbvi0thl0dsjsd
1482033
1482032
2026-07-26T03:50:33Z
Firdavsi
3353
1482033
wikitext
text/x-wiki
{{ВМ
| Ранг1 = #A5D570
| Номи тоҷикӣ =
| Номи аслӣ = Ноҳияи Ванҷ
| Нишон =
| Парчам =
| Бари нишон =
| Бари парчам =
| Тавсифи нишон =
| Тавсифи парчам =
| Кишвар = [[Тоҷикистон]]
| lat_dir = N
| lat_deg = 38
| lat_min = 22
| lat_sec = 23
| lon_dir = E
| lon_deg = 71
| lon_min = 27
| lon_sec = 19
| region = TJ
| type = District
| Дараҷа =
| CoordScale =
| Суруди миллӣ =
| Мақом = Ноҳияи маъмурӣ
| Тобеъи = [[Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]]
| Шомили = 1 шаҳрак, 6 ҷамоат
| Пойтахт = [[Ванҷ (шаҳрак)|Ванҷ]]
| Шаҳри бузургтарин =
| Шаҳрҳои бузургтарин =
| Таъсис = [[29 май|29 маи]] [[1933]]
| Барҳамхӯрӣ =
| Номҳои пешина =
| Раис = Мардзода Одинашо Миршаб (аз 2022)<ref>{{Cite web|url=http://www.adlia.tj/show_doc.fwx?Rgn=143911|title=Указ Президента Республики Таджикистан от 1 декабря 2022 года №480 "О назначении Мардзода О.М. председателем Ванчского района Горно-Бадахшанской автономной области"|website=www.adlia.tj|accessdate=2023-01-04|archivedate=2024-12-09|archiveurl=https://web.archive.org/web/20241209162237/http://adlia.tj/show_doc.fwx?Rgn=143911}}</ref>
| Шакли роҳбарӣ = Раиси ноҳия
| Раис2 =
| Шакли роҳбарӣ2 =
| Раис3 =
| Шакли роҳбарӣ3 =
| ММД =
| Соли ММД =
| Ҷой аз рӯи ММД =
| ММД ба сари аҳолӣ =
| Ҷой аз рӯи ММД ба сари аҳолӣ =
| Забон =
| Забонҳо = [[Забони тоҷикӣ|тоҷикӣ]], [[Забонҳои бадахшонӣ]] — [[Забони язғуломӣ|язғуломӣ]]
| Аҳолӣ = 35 400
| Соли барӯйхатгирӣ = 2024
| Фоиз аз аҳолӣ = 4,8
| Ҷой аз рӯи аҳолӣ =
| Баҳодиҳии аҳолӣ =
| Соли баҳодиҳӣ =
| Зичӣ = 7,7
| Ҷой аз рӯи зичӣ =
| Ҳайати миллӣ = [[тоҷик]]он
| Ҳайати динӣ = [[мусулмон]], [[суннӣ]], мазҳаби [[ҳанафӣ]]
| Масоҳат = 4430,5
| Фоиз аз масоҳат =
| Ҷой аз рӯи масоҳат =
| Баландии бештарин = 7495
| Баландии миёна = 3000
| Баландии камтарин =
| Харита = Vanj District in Tajikistan.svg
| Андозаи харита =
| Харита2 =
| Минтақаи замонӣ = UTC+5
| Сарвожа = VA
| ISO = TJ.BK.VA
| Шиносаи ададӣ =
| Шакли шиноса =
| Шиносаи ададӣ2 =
| Шакли шиноса2 =
| Шиносаи ададӣ3 =
| Шакли шиноса3 =
| FIPS =
| Коди телефон = +992 3551
| Нишонаи почта = 736300
| Домени интернет = tj
| Коди мошинҳо = 04 TJ
| Вебгоҳ = [[www.vanjiman.com]]
| Гурӯҳ дар Commons = Vanj District
| Эзоҳ =
}}Ноҳияи Ванҷ (форсӣ: ناحیۀ ونج) – минтақаи таърихӣ ва яке аз ноҳияҳои [[Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]], воқеъ дар шимолу ғарби вилоят, дар шарқи [[Ҷумҳурии Тоҷикистон]]. Масоҳаташ 4430,5 км² буда, тибқи омори соли 2024 аҳолияш 35 400 нафарро ташкил медиҳад (зичии аҳолӣ тақрибан 8 нафар дар 1 км²). Ҳамчун воҳиди расмии маъмурию ҳудудӣ 29 майи 1933 таъсис ёфтааст.<ref name="ref1">[https://dic.academic.ru/dic.nsf/ruwiki/1287410 Ванджский район] (рус.) // Словари и энциклопедии на Академике (нусхаи мақолаи Википедиаи русӣ, 2010). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Маркази ноҳия шаҳраки Рохарв (форсӣ: راخرو) аст, ки расман шаҳраки Ванҷ ном дошта, дар харитаҳо низ чунин сабт мешавад, вале дар забони мардум то имрӯз бо номи бостонии худ – Рохарв ёд мегардад; шаҳрак 176 км шимолтар аз шаҳри [[Хоруғ]], дар канораи резишгоҳи рӯди Рохарвоб ба Ванҷоб ҷой дорад.<ref name="ref1" /><ref name="ref2">Ванҷ. Маълумоти ҷуғрофӣ (порча аз китоби Ҳ. Пирумшоев «Ванҷи ман») // Торнамои Ванҷ (vanj.info). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="ref3">н. Ванҷ (www.vanj.tj) // Сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Тибқи анъанаи маҳаллӣ, тамоми рустоҳоеро, ки аз деҳаи Бунай болотар воқеъанд, ''«Ванҷи Боло»'' меноманд; водиҳои поёниро бошад, на ''«Ванҷи Поён»'', балки бо номҳои таърихии худашон – Язғулом, Водхуд ва Пшихарв – ёд мекунанд.<ref name="ref2" /> Дигар шӯроҳои русто, мисли Водхуд, Язғулом, Рованд ва Техарв, ки фарогири чандин деҳаанд, то кунун номҳои таърихии худро нигоҳ доштаанд. Шӯрои рустои Рохарв дар ҳоли ҳозир чун ҷамоати ба номи Маҳмадулло Абдуллоев<ref name="ref4">[https://khovar.tj/2025/06/peshvoi-millat-emomal-ra-mon-dar-no-iyai-van-tolori-varzishiro-iftito-namudand/ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ толори варзиширо ифтитоҳ намуданд] // АМИТ «Ховар», 25 июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> ва шӯрои рустои Жовид феълан дар шакли ҷамоати Ҷовидон номгузорӣ шудаанд.
Қабл аз вуруди [[Артиши Сурх]] ба Ванҷ ва истиқрори низоми шӯравӣ, маркази идории амлокдории Ванҷ дар шаҳраки Рохарв, дар ''«Қалъаи Ванҷ»'' ё ''«Қалъаи Рохарви Ванҷ»'' қарор дошт, ки ҳам қароргоҳи мири Ванҷ ва ҳам маҳалли будубоши гурӯҳаки маҳдуди сипоҳи [[Манғития|манғитиён]] будааст.<ref name="ref5">Мушкетов Д. И. Рохарв (Кала-и Ванч) // Известия Русского географического общества. --- Т. 52. --- 1916.</ref>
Дарёҳои бузургтарини ноҳия – Ванҷоб, Язғулом) ва Панҷ) мебошанд. Ду соҳили дарёи Ванҷоб бо дарозии зиёда аз 100 км бахши умдаи ноҳияро ташкил медиҳад.
== Номшиносӣ ==
Дар сарчашмаҳои русӣ ва адабиёти даврони шӯравӣ номи ноҳия дар шаклҳои ''«Ванч»'' ва ''«Вандж»'' омадааст, ки гунаи русишудаи ҷойноми тоҷикии Ванҷ мебошад.<ref name="ref3" />
Дар боби решаи ин ном ақидаҳо мухталифанд. Донишманди тоҷик Гулшанӣ дар китобаш ''«Таърихи ҳумоюн»'', ки соли 1328 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 1910 милодӣ навиштааст, онро табдилёфтаи номи дарёи Панҷ шумурда, дар бораи диёри Ванҷ мегӯяд:
''«Қасабаи Ванҷ ба тарафи шарқии Дарвоз, ба таҳти ақабаи Боми Дунё воқеъ аст ва дар он ҷониб манбаи дарёи Омӯя ва Ҷайҳун ва онро Чашмаи Панҷ мегӯянд, аз қуллаи шомихи кӯҳи Боми Дунё набаъон менамоянд. Аз андак масофат, панҷ чашма ба як ҷо ҷамъ мешавад ва ғарбан ҷараён менамояд ва онро чашмаи Панҷ мегӯянд ва он қасабаро Ванҷ меноманд, ки он муҳаррафи Панҷ аст. Оби аввали наҳри Ҷайҳун ҳамин аст»''.<ref name="ref6">Гулшанӣ. Таърихи ҳумоюн. --- Душанбе, 2006. --- С. 157.</ref>
Тадқиқоти забоншиносии баъдина ин ривояти халқиро тасдиқ намекунад. Эроншиноси маъруф Д. И. Эделман дар пажӯҳиши бунёдии худ ''«Географические названия Памира»'' (''«Номҳои ҷуғрофии Помир»''), ки соли 1975 дар маҷмуаи ''«Страны и народы Востока»'' ба чоп расидааст, решаи вожаи ''«Ванҷ»''-ро мушаххасан шарҳ намедиҳад, балки онро номи аслии худи водӣ мешуморад, ки номи дарёи Ванҷов (Ванҷ + ''«об»'') низ аз он гирифта шудааст.<ref name="ref7">Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. --- М.: Наука (ГРВЛ), 1975. --- С. 41--62.</ref> Тибқи мушоҳидаи ӯ, ҳамсоягони язғуломизабони ин водӣ онро на ''«Ванҷ»'', балки ''«Вавз»'' меноманд, ки ин худ далели дигаре бар куҳансолии эҳтимолии ин ном аст.<ref name="ref7" /> Забони куҳани ванҷии аз байнрафта, ки сокинони маҳаллӣ то охири асри XIX бад-он сухан мегуфтанд, ''«ванҷивор»'' (vanǰivor)-аш меномиданд,<ref name="ref8">Лашкарбеков Б. Б. Старованджский язык (vanǰivor) // Основы иранского языкознания: Среднеиранские и новоиранские языки / под ред. В. А. Ефимова. --- М.: Восточная литература, 2008. --- С. 61--109.</ref> вале дар адабиёти дастрас пажӯҳише, ки решаи номи ''«Ванҷ»''-ро аз вожаҳои ҳамин забон ба даст оварда бошад, ёфт нашуд. Дар маҷмуъ, Эделман хулоса мебарорад, ки аксари номҳои ҷуғрофии [[Помир|Помири]] Ғарбию Ҷанубӣ бо ёрии забонҳои имрӯза шарҳнопазиранд, ки ин аз бостонӣ будани онҳо гувоҳӣ дода, эҳтимоли тааллуқи баъзеи онҳоро ба забонҳои куҳани пешин (субстратӣ) нишон медиҳад.<ref name="ref7" />
Худи Д. И. Эделман дар ҳамин мақола сабаби ин дугонагии номро возеҳтар шарҳ дода, чунин овардааст:
''«Иногда различные названия одного и того же пункта отражают различные исторические обстоятельства. Так, населенный пункт — административный центр Ванча имеет два названия. Первое — официальное, значащееся на картах — «Ванч» является редакцией старого названия находившейся здесь когда-то крепости, которая именовалась просто Кала ('<nowiki/>'''qala'<nowiki/>''') 'крепость' или Кала-и Вандж 'Ванджская крепость'. Второе — название самого кишлака, которое до сих пор остается в обиходе у местного населения и жителей соседних долин — «Рохарв».»''
Тарҷума: ''«Баъзан номҳои мухталифи як маҳал вазъиятҳои гуногуни таърихиро инъикос менамоянд. Чунончи, маҳалли аҳолинишин — маркази маъмурии Ванҷ — ду ном дорад. Аввалин — номи расмӣ, ки дар харитаҳо зикр мешавад, — «Ванҷ» аст, ки таҳрирёфтаи номи қадимии қалъаест мебошад, ки замоне дар ин ҷо буд ва онро танҳо Қалъа ('<nowiki/>'''qala'<nowiki/>''') ё Қалъаи Ванҷ меномиданд. Дуюмин — номи худи русто аст, ки то ҳанӯз дар гуфтугӯи мардуми маҳаллӣ ва сокинони водиҳои ҳамҷавор боқӣ мондааст — «Рохарв».»''.<ref name="ref9">Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 42.</ref>
Бино бар ин, то имрӯз дар илми забоншиносии эронӣ решашиносии қатъӣ ва ба таври васеъ пазируфташудаи вожаи ''«Ванҷ»'' пешниҳод нашудааст: ривояти Гулшанӣ дар боло намунаи анъанаи омиёна ва таърихии маҳаллист, на натиҷаи таҳлили илмии забонӣ. Коршиносон, ин номро қадимӣ мешуморанд ва эҳтимол медиҳанд, ки он ба давраи пеш аз паҳншавии забони тоҷикӣ дар ин минтақа тааллуқ дошта бошад, бидуни он ки то ба ҳол решаи дақиқи онро муайян созанд.
Луғатшиноси тоҷик Абдусамад Ҳайдаров дар ''«Фарҳанги тафсирии мухтасари луғоти шеваи ҷанубу шарқии забони тоҷикӣ»'' (2019) дар бораи вожаи ''«ванҷ»'' маълумоти муфассали фарҳангшиносиро ҷамъбаст намудааст<ref name="ref10">Ҳайдаров А. Фарҳанги тафсирии мухтасари луғоти шеваи ҷанубу шарқии забони тоҷикӣ. --- Душанбе: ЭР-Граф, 2019. --- С. 14--17.</ref>. Тибқи ин пажӯҳиш, дар фарҳангномаҳои классикии форсиву тоҷикӣ вожаи ''«ван»''/''«ванҷ»'' дар маъноҳои гуногун сабт шудааст: номи деҳае дар Насаф (муарраби ''«вана»'', тибқи ''«Фарҳанги Ананд Роҷ»''); шабеҳу монанд, меваи мағздор, ҷангали пурдарахт ва номи шаҳре (тибқи ''«Бурҳони қотеъ»''); аз забони ҳиндӣ (санскрит) ба маънои ''«ҷангал»'', ''«беша»'' (тибқи ''«Фарҳанги Нафисӣ»''); меваи ба зира монанд бо мағзак ва ташбеҳ (тибқи ''«Ғиёс-ул-луғот»''); ва ниҳоят – ''«гунҷишк»'' (тибқи ''«Туҳфат-ул-аҳбоб»'' ва ''«Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ»''). Гурӯҳи дигари муҳаққиқон, аз ҷумла И. М. Стеблин-Каменский, А. З. Розенфелд, В. Томашек ва А. Д. Девонақулов, вожаи ''«ванҷ»''-ро аз ''«ван»'' ба маънои ''«бед»'' гирифташуда медонанд.<ref name="ref10" />
Ҳайдаров бо усули муқоисаи фарҳангномавӣ нишон медиҳад, ки маънои ''«гунҷишк»'' эҳтимолан натиҷаи хатои котибист: дар қадимтарин фарҳанги дастрас – ''«Луғати фурс»''-и Асадии Тӯсӣ (саҳ. 73) – барои ''«гунҷишк»'' на ''«ванҷ»'', балки ''«вунҷ»'' омадааст, ва азбаски дар хатти арабӣ навишти ин ду вожа якхела аст, ба андешаи муаллиф, дар фарҳангномаҳои баъдӣ ба ҷои ''«вунҷ»'' хатан ''«ванҷ»'' сабт гардидааст. Ин фарзияро ӯ бо далели дигар низ тақвият медиҳад: дар забони гуфтугӯии тоҷикӣ шаклҳои гуногуни калимаи ''«гунҷишк»'' – ''«вунҷишк»'', ''«бунҷишк»'', ''«гундишк»'' – ҳама пас аз ҳарфи аввал садоноки кӯтоҳи ''«у»''-ро мегиранд, на ''«а»''-ро. Аз ин муҳимтар, дар забони куҳани ванҷӣ худи вожаи ''«гунҷишк»'' тамоман калимаи дигаре буд – ''«курҷик»'' – монанди забони ҳамсояи имрӯзаи язғуломӣ (''«чуғак»'') ва шуғнонӣ (''«вудуч»''); агар водӣ ба номи ин парранда гузошта мешуд, мебоист ''«Курҷик»'' номида мешуд, на ''«Ванҷ»''.<ref name="ref10" /> Ба ин тартиб, ба андешаи аксари муҳаққиқон, решаи бовариноктарини номи ''«Ванҷ»'' ҳамон вожаи ''«ван»'' ба маънои ''«бед»'' аст, ки дар забонҳои зиндаи имрӯзаи помирӣ низ боқӣ мондааст: шуғнонӣ ''«wank»'', бартангӣ ''«wanoch»'', рӯшонӣ ''«wanoj»'', орошорӣ ''«wanuj»''.<ref name="ref10" />
Дар баробари ин, дар байни мардуми маҳаллӣ фарзияи дигаре низ роиҷ аст, ки тибқи он вожаи ''«ванҷ»'' муродифи калимаи ''«ганҷ»'' (яъне ''«хазина»'') мебошад. Ҳайдаров ин фарзияро ба падидаи табдили овозҳои ''«в»''→''«г»''→''«к»'' дар лаҳҷаи маҳаллӣ пайванд медиҳад, ки намунаҳои он дар ҷуфти калимаҳои боқимондаи забони куҳани ванҷӣ, ки то имрӯз дар нутқи шифоҳии мардум ҳамроҳи муодилҳои тоҷикиашон истифода мешаванд (масалан, ''«сару мангал»'', ''«санди нозо»'', ''«кари шумук»'', ''«гарми тумухч»''), ба назар мерасад.<ref name="ref10" /> Вожаи ''«ганҷ»'' то имрӯз дар нутқи мардуми Ванҷ серистеъмол буда, ҳатто баъзе хӯрокворӣ (мисли ширравған), меваҳо (мисли тут) ва анбори неъмат (''«ганҷур»'') бо ҳамин ном ёд мешаванд; ибораи қадимии ''«ванҷи ману ганҷи ман»'', ки зиёда аз ҳазор сол вирди забони мардум аст, низ, ба назари муаллиф, метавонад далели воқеии ин пайванди маъноӣ бошад.<ref name="ref10" />
Номи Ванҷ соли 2023 ба бузургтарин лозури Помир низ гузошта шуд: 31 июли соли 2023 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии [[Тоҷикистон]] лозури Федченко расман Ванҷях номгузорӣ гардид.<ref name="ref11">[https://khovar.tj/rus/2024/06/lednik-vandzhyah-odin-iz-samyh-bolshih-lednikov-tadzhikistana-i-gornyh-sistem-mira/ Ледник Ванджях -- один из самых больших ледников Таджикистана и горных систем мира] (рус.) // НИАТ «Ховар», 9 июни 2024. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="ref12">[https://rus.ozodi.org/a/32555126.html СМИ: крупнейший на Памире ледник Федченко переименован в «Ванджях»] (рус.) // Радиои Озодӣ, 20 августи 2023. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Ҷойгоҳ ==
Ноҳияи Ванҷ бо сарзамини 4430,5 км² дар миёни қаторкӯҳҳои [[Дарвоз]] ва Язғулом воқеъ аст. Дар шимол бо [[Сангвор|ноҳияи Сангвор]] (Тавилдараи пешин), дар шарқ бо [[Мурғоб|ноҳияи Мурғоб]], дар ҷануб бо [[Рӯшон|ноҳияи Рӯшон]], дар ғарб бо ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ва дар ҷанубу ғарб, аз тариқи рӯди Панҷ, бо ноҳияи Дарвози вилояти [[Бадахшон|Бадахшони]] [[Афғонистон]] ҳаммарз мебошад.<ref name="ref1" /> Марзи шарқии ноҳияро қаторкӯҳи Академияи илмҳо ташкил медиҳад.<ref name="ref13">Republic of Tajikistan, map showing administrative division as of January 1, 2004, «Tojikkoinot» Cartographic Press, Dushanbe.</ref>
Аз шимолу шарқи ноҳия ба ҷанубу ғарби он рӯдҳои Ванҷ) ва Язғулом ҷорӣ мешаванд, ки ба рӯди Панҷ мерезанд. Сарзамини ноҳия ду водии нисбатан васеи Бадахшонро дар бар мегирад. Яке аз онҳо дараи рӯди Ванҷ аст, ки беш аз 150 км дарозо дорад ва аз лозурҳои Ҷамъияти ҷуғрофӣ, Хирсон ва Абдуқаҳҳор оғоз мегирад. Водии дигар дараи рӯди Язғулом аст, ки дар миёни қаторкӯҳҳои Язғулому Рӯшон ҷой гирифтааст. Ин ду водиро аз ҳамдигар қаторкӯҳи Ванҷ ҷудо мекунад.<ref name="ref13" /> Баландии маҳал аз сатҳи дарё аз 1500 то 5000 метр мебошад.
Дар бораи сабаби номгузории қаторкӯҳҳои атрофи Ванҷ, Д. И. Эделман чунин таваҷҷуҳ медиҳад:
''«Названия хребтов в исконной топонимии не прослеживаются. Те наименования, которые мы видим сейчас на географических картах,— позднейшие. Они даны исследователями в основном по принципу смежности с той или иной долиной. Ванчский хребет отделяет Ванч от Язгулема, Язгулемский хребет — Язгулем от Рушана-Бартанга, Рушанский — долину Рушана от Гунта…»''
Тарҷума: ''«Номҳои қаторкӯҳҳо дар ҷойномҳоии аслӣ дида намешаванд. Номҳое, ки мо имрӯз дар харитаҳои ҷуғрофӣ мебинем, аз давраҳои баъдтаранд. Онҳоро муҳаққиқон асосан бар мабнои усули ҳамҷаворӣ бо ин ё он водӣ гузоштаанд. Қаторкӯҳи Ванҷ, Ванҷро аз Язғулом ҷудо мекунад, қаторкӯҳи Язғулом — Язғуломро аз Рӯшону Бартанг, қаторкӯҳи Рӯшон — водии Рӯшонро аз Ғунд…»''.<ref name="ref1" />
Дарёи Ванҷ (Ванҷоб) 103 км дарозӣ ва 2070 км² ҳавзаи обғундорӣ дорад. Он аз ҳамроҳшавии ду шохоб падид меояд: яке аз лозурҳои нишебии шимолии қаторкӯҳи Ванҷ сарчашма мегирад, дигаре бошад – аз нишебиҳои ғарбии қаторкӯҳи Академияи илмҳо. То резишгоҳи шохоби Кашолаях худи дарё номи Абдуқаҳҳорро дорад; танҳо пас аз ҳамроҳ шудан бо ин шохоб он ба номи Ванҷоб мубаддал мегардад. Сарфи миёнаи солонаи об дар резишгоҳи дарё 49,4 м³/с аст.<ref name="ref14">Ванч (рус.) // Большая советская энциклопедия. --- 3-е изд. --- М.: Советская энциклопедия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дарёи Язғулом 80 км тӯл кашида, масоҳати ҳавзаи он 1970 км²-ро ташкил медиҳад; қисми болоии он то ҳамроҳшавии дарёи Ракзов Мазордара номида мешавад, сарфи миёнаи об дар поёноби дарё 36,2 м³/с буда, ғизои дарёҳои ноҳия асосан барфию лозурист ва сермобтарин моҳ июл аст.<ref name="ref1" />
Тавсифи муфассали гидрографии дарёи Ванҷро низ капитан Кузнецов ҳанӯз соли 1892 сабт кардааст. Ба гуфтаи ӯ, дарё аз ду шохоб — оби-Кашолаях (аз рост) ва оби-Абдуқаҳҳор (аз чап) — сарчашма мегирад, ки худ аз лозурҳои Куҳи-Лазурӣ об мегиранд, ва номи муосири шохоби ''«Абдуқаҳҳор»'', ки ҳанӯз дар гуфтаи боло зикр омада буд, маҳз бо ҳамин навиштаи асри XIX мутобиқат мекунад:
''«Рѣка оби-Ванчъ, берущая начало двумя рѣками: правой оби-Кашалъ-Аякъ и лѣвой оби-Абдукогоръ изъ ледниковъ Куи-Лазырь, течетъ въ юго-западномъ направленіи въ большинствѣ случаевъ разливаясь на много рукавовъ и образуя массу острововъ–тугаевъ.»''
Тарҷума: ''«Дарёи оби-Ванҷ, ки аз ду рӯд — рости оби-Кашолаях ва чапи оби-Абдуқаҳҳор — аз лозурҳои Куҳи-Лозурӣ сарчашма мегирад, дар самти ҷанубу ғарбӣ ҷараён дошта, дар аксари ҳолат ба бисёр шохобчаҳо тақсим мешавад ва анбӯҳи ҷазираҳо — тӯғайҳоро ба вуҷуд меорад»''.<ref name="ref15">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 32.</ref> Кузнецов инчунин баландии рустоҳои соҳили дарёи Ванҷро аз сатҳи баҳр чен кардааст: аз резишгоҳи он ба Панҷ (5110 қадам) то рустоҳои Рохарв (6250 қадам), Бунай (6590 қадам), Техарв (7260 қадам), Старғ (7670 қадам) ва Ванван (8020 қадам); ва дар бораи қаторкӯҳи байни Ванҷу Язғулом, ки имрӯз бо номи қаторкӯҳи Ванҷ маъруф аст, чунин навиштааст:
''«Горный хребетъ, расположенный между рѣками Ванчъ и Язгулемъ, носитъ названіе Ванчскаго. Восточная его часть покрыта вѣчными снѣгами и ледниками, западная – скалистая. Растительности на немъ нѣтъ никакой.»''
Тарҷума: ''«Қаторкӯҳе, ки миёни дарёҳои Ванҷу Язғулом воқеъ аст, номи Ванҷро дорад. Қисми шарқии он бо барфу лозурҳои ҷовидона пӯшида аст, қисми ғарбӣ бошад — сахраист; дар он ҳеҷ гуна рустание вуҷуд надорад»''.<ref name="ref1" />
Ванҷ дар соҳили яке аз шохобҳои бузурги рости дарёи Панҷ (болооби Ому), ки бо номи Ванҷоб маъруф аст, ҷой гирифтааст. Масофа аз маркази ноҳия то шаҳри Хоруғ 176 км ва то шаҳри [[Душанбе]] 387 км аст.
Тавсифи аввалини илмии ҷуғрофии қаторкӯҳҳои иҳотакунандаи водии Ванҷ ба шарқшиноси рус А. А. Семёнов тааллуқ дорад, ки соли 1898 дар доираи экспедитсияи расмии граф А. А. Бобринский аз ин минтақа дидан карда буд. Ӯ дар китоби худ навиштааст:
''«Часть Дарваза по правую сторону Пянджа (Сѣверный Дарвазъ) занимаетъ западный склонъ Памирскаго плоскогорья: этотъ край изрѣзываютъ глубокими долинами рѣкъ: Пянджа и его притоковъ справа: Оби-Хингоу, Ванджа и Язгулина. Водораздѣломъ этихъ рѣкъ служатъ два высокихъ хребта: Дарвазскій, между рр. Оби-Хингоу и Ванджемъ, и Ванджскій,–между долинами Ванджа и Язгулина... Въ верховьяхъ Ванджа всѣ упомянутыя горныя цѣпи сходятся въ одинъ узелъ и сливаются съ Памирами.»''
Тарҷума: ''«Қисми Дарвоз, ки дар канори рости Панҷ ҷойгир аст (Дарвози Шимолӣ), нишеби ғарбии баландсаҳрои Помирро фаро мегирад: ин канораро водиҳои амиқи дарёҳо буридаанд – Панҷ ва шохобҳои рости он: Оби-Хингов, Ванҷ ва Язғулом. Марзи обҷудокунии ин дарёҳоро ду қаторкӯҳи баланд ташкил медиҳанд: Дарвоз – миёни рӯдҳои Оби-Хингову Ванҷ, ва Ванҷ – миёни водиҳои Ванҷу Язғулом... Дар болооби Ванҷ ҳамаи ин қаторкӯҳҳои зикршуда ба як гиреҳ мепайванданд ва бо Помир мепайванданд»''.<ref name="ref16">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 6.</ref>
Дар ҳамин гиреҳи кӯҳӣ, ки қаторкӯҳҳои Ванҷу Дарвоз бо Помир мепайванданд, Семёнов ағбаи баландеро ба қайд гирифтааст, ки ба болооби Ванҷ мебарад: ''«Въ этомъ горномъ узлѣ лежить на высотѣ свыше 15 тыс. футовъ надъ уровнемъ моря перевалъ Сытаргй въ долину р. Вандж, или Ванча»'' – тарҷума: ''«Дар ҳамин гиреҳи кӯҳӣ, дар баландии зиёда аз 15 ҳазор фут аз сатҳи баҳр, ағбаи Сытаргӣ ба водии дарёи Вандж (Ванҷ) ҷойгир аст»''.<ref name="ref17">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 7.</ref>
=== Лозурҳо ва қуллаҳо ===
Болооби дараи Ванҷ, ки дар он ҷо рӯд номи Абдуқаҳҳор (Абдукагор)-ро дорад, аз калонтарин марказҳои лозурии Помир ба шумор меравад. Бузургтарин лозури ҳавзаи рӯди Ванҷ лозури Ҷамъияти ҷуғрофӣ мебошад, ки дар маҳалли пайвастшавии қаторкӯҳҳои Академияи илмҳо ва Дарвоз ҷой гирифта, дарозиаш 24,2 км ва масоҳаташ 64,4 км² аст. Ин лозур соли 1882 кашф гардида, соли 1928 ба шарафи Ҷамъияти ҷуғрофии [[Русия]] номгузорӣ шудааст.<ref name="ref18">[https://rgo.ru/activity/redaction/news/lednik-geograficheskogo-obshchestva-na-pamire-taet/ Ледник Географического общества на Памире тает] (рус.) // Сомонаи расмии Ҷамъияти ҷуғрофии Русия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар ҳавзаи Абдуқаҳҳор, дар нишебии ғарбии қаторкӯҳи Академияи илмҳо, лозури Хирс (дар адабиёти илмии русӣ – Медвежий) воқеъ аст, ки бо ҳаракатҳои даврии ногаҳонии худ (сёрҷ) дар ҷаҳон шуҳрат дорад. Дарозии лозури Хирс 15,8 км ва масоҳаташ 25,3 км² аст; ҳавзаи барфии он дар баландии беш аз 5500 м бо ҳавзаи лозури Ванҷях (Федченко) муштарак буда, забонаи борику дарози он бо яхшораи (ледопад) 900-метра аз ҳавзаи ғизогирии фирнӣ ба дараи чуқур, то баландии 2900 м, фуруд меояд.<ref name="ref19">Медвежий ледник // Словарь современных географических названий / Рус. геогр. о-во. Моск. центр; под общ. ред. акад. В. М. Котлякова. --- Екатеринбург: У-Фактория, 2006.</ref> Забонаи ин лозур дар зарфи чанд моҳ то 2 км ба поёни дара пеш рафта, маҷрои дарёи Абдуқаҳҳорро мебандад ва кӯли лозурӣ ба вуҷуд меоварад, ки шикофта шудани он ба обхезиҳои харобиовар дар водии Ванҷ оварда мерасонад. Чунин ҳаракатҳо дар солҳои 1916, 1937, 1951, 1963, 1973, 1989, 2001 ва 2011 ба қайд гирифта шудаанд.<ref name="ref20">[https://www.silkadv.com/en/content/lednik-medvezhiy-v-hrebte-akademii-nauk Ледник Медвежий в хребте Академии Наук] (рус.) // Silk Road Adventures. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ҳангоми ҳаракати соли 1963 лозур қариб 1,75 км пеш рафта, дараи Абдуқаҳҳорро баст ва дар он сол ду маротиба (19 июн ва 3 июл) обхезиҳои лозурӣ рӯй доданд. Соли 1973 садди яхине бо паҳноии тақрибан ним километр ва баландии саду панҷоҳ метр дараро банд карда, дар паси он кӯле бо чуқурии то 110 метр пайдо шуд; 19 июни соли 1973, вақте ки дар кӯл 27 млн м³ об ҷамъ омада буд, рахнашавии он ба амал омад.<ref name="ref21">[https://glaciallakes.narod.ru/articles/articl_other/3-1.htm Виноградов Ю. Б. Сведения о прорывах озёр, подпруженных ледниками] (рус.). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар қисмати шарқии қаторкӯҳи Язғулом, дар марзи ҷанубу шарқии ноҳия, қуллаи Истиқлол (то соли 2006 – қуллаи Революция; 6940 м) – чорумин қуллаи баланди Тоҷикистон қомат афрохтааст. Дар домани шимолии он лозури бузурги Федченко – дарозтарин лозури кӯҳии ҷаҳон берун аз минтақаҳои қутбӣ (77 км) оғоз меёбад.<ref name="ref22">[http://wiki.risk.ru/index.php/%D0%9F%D0%B8%D0%BA_%D0%A0%D0%B5%D0%B2%D0%BE%D0%BB%D1%8E%D1%86%D0%B8%D0%B8 Пик Революции] (рус.) // Wiki.risk.ru. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Ин лозур, ки соли 1878 онро Василий Ошанин кашф карда, ба шарафи табиатшинос Алексей Федченко номгузорӣ намуда буд, аз 31 июли соли 2023 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расман Ванҷях ном дорад.<ref name="ref11" /><ref name="ref12" /> Паҳноии миёнаи лозур 2 км ва ҳадди аксараш 5 км буда, ғафсии ях то 1 км ва ҳаҷми он ҳамроҳ бо шохобҳояш 144 км³ мерасад; лозур аз баландии 6200 м оғоз ёфта, забонааш то баландии 2909 м фуруд меояд ва дар силсилаи он 100 лозури хурду бузург, аз ҷумла 26 шохоби бевосита, ба ҳам пайвастаанд. Дар канори чапи лозур, дар баландии 4169 м, 7 августи соли 1933 истгоҳи гидрометеорологӣ кушода шуда буд, ки то соли 1995 бефосила кор кард ва соли 2004 дар доираи лоиҳаи байналмилалӣ дар он ҷо истгоҳи худкор насб гардид. Бар асари гармшавии иқлим лозур танҳо дар садаи XX дар танаи асосии худ тақрибан 15 км³ ях – даҳяки массаи худро – аз даст додааст.<ref name="ref11" />
Тибқи баррасиҳои лозуршиносии охирин, масоҳати умумии лозури Ванҷях (Федченко) тақрибан 700 км² арзёбӣ мешавад ва ҳаҷми умумии яхи он, бар пояи ченкунии ғафсии қабати ях, 123,4 ± 28 км³ ҳисоб карда шудааст.<ref name="ref23">[https://www.cambridge.org/core/journals/journal-of-glaciology/article/evolution-of-fedchenko-glacier-in-the-pamir-tajikistan-during-the-past-eight-decades/0F2F382BD7954575E28B20128B7825E2 The evolution of Fedchenko glacier in the Pamir, Tajikistan, during the past eight decades] (англ.) // Journal of Glaciology. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар тӯли 93 соли мушоҳидаи илмӣ (1928-2021), суръати миёнаи тағйири баландии сатҳи лозур ба −0,46 метр дар сол расидааст, ҳарчанд дар ду фосилаи алоҳида – солҳои 1958-1980 ва 2010-2021 – коҳиши баландии забонаи лозур ду баробар аз меъёри дарозмуддат тезтар будааст.<ref name="ref24">[https://eartharxiv.org/repository/view/7474/ Multi-temporal elevation changes of Fedchenko Glacier, Tajikistan, from 1928 to 2021] (англ.) // EarthArXiv / Journal of Glaciology, 2024. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ченкуниҳои GNSS ва тасвирбардории радарии TanDEM-X нишон медиҳанд, ки мувозинати ҷирмии лозур аз −0,27 ± 0,05 метри муодили обӣ дар сол барои давраи 2000-2011 то −0,51 ± 0,04 метр дар сол барои давраи 2011-2016 бадтар шудааст, яъне суръати обшавии лозур дар даҳсолаи охир тақрибан ду баробар афзудааст.<ref name="ref25">Lambrecht A., Mayer C., Wendt A., Floricioiu D., Völksen C. Elevation change of Fedchenko Glacier, Pamir Mountains, from GNSS field measurements and TanDEM-X elevation models, with a focus on the upper glacier // Journal of Glaciology.</ref> Бо вуҷуди ин, азбаски забонаи лозур бо қабати ғафси хоку сангреза пӯшида аст, масоҳати намоёни он тайи даҳсолаҳо танҳо 1,4 фоиз тағйир ёфта, дар ҳоле ки ҳаҷми аслии яхи он коҳиши назаррас – тақрибан 5 км³ дар тӯли ҳашт даҳсола – доштааст.<ref name="ref23" /> Тибқи маълумоти барномаи UNEP GRID-Arendal, забонаи лозур аз соли 1933 инҷониб зиёда аз 1 километр ба ақиб нишастааст ва аз соли 1980 инҷониб тақрибан 50 метр паст шудааст.<ref name="ref26">[https://www.grida.no/resources/5274 Shrinking of Fedchenko Glacier in the Pamirs of Tajikistan] (англ.) // UNEP GRID-Arendal. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Пажӯҳиши соли 2026 дар маҷаллаи ''«Remote Sensing»'' доир ба ҳавзаи лозурии дарёи Вахш, ки низоми лозурии Ванҷях (Федченко)-ро низ фаро мегирад, нишон дод, ки масоҳати умумии лозурҳои ин ҳавза аз 4440,9 км² дар соли 2000 то 4087,1 км² дар соли 2018 коҳиш ёфта, барои соли 2025 тахминан 3955,2 км² пешбинӣ мешавад; яъне тайи солҳои 2000-2025 масоҳати умумии лозурҳо 485,7 км² (10,94 фоиз) кам шуда, коҳиши миёнаи солона ба 19,43 км² мерасад.<ref name="ref27">[https://www.mdpi.com/2072-4292/18/9/1436 Changes in Glaciers of the Vakhsh River Basin, Tajikistan Under Global Climate Change] (англ.) // Remote Sensing, ҷ. 18, № 9, мақолаи 1436, 2026.</ref>
Қисмати шарқии кӯҳистони ноҳия, аз ҷумла шарқи қаторкӯҳи Ванҷ ва минтақаи лозури Федченко, ба ҳудуди Боғи миллии Тоҷикистон дохил мешавад, ки соли 1992 таъсис ёфтааст ва моҳи июни соли 2013 таҳти унвони ''«Боғи миллии Тоҷикистон (кӯҳҳои Помир)»'' ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии [[ЮНЕСКО]] шомил гардид.<ref name="ref28">[https://news.un.org/ru/story/2013/06/1224271 Таджикский национальный парк «Горы Памира» включён в список Всемирного наследия ЮНЕСКО] (рус.) // Маркази ахбори СММ, июни 2013. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="ref29">[https://medt.tj/ru/tourism/tourism/1424-tajikskiy-natsionalniy-park-obekt-vsemirnogo-naslediya-unesco Таджикский национальный парк --- объект Всемирного наследия ЮНЕСКО] (рус.) // Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Заминҷунбӣ ===
Ноҳияи Ванҷ дар яке аз минтақаҳои аз ҷиҳати геологӣ мураккабтарин ва аз нигоҳи сейсмикӣ фаъолтарини Осиёи Марказӣ ҷой дорад<ref name="ref186">[https://academic.oup.com/gji/article/240/3/2125/7984515 Identifying geological structures in the Pamir region using non-subsampled shearlet transform and gravity gradient tensor] // Geophysical Journal International, Oxford Academic. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref><ref name="ref187">[https://www.mdpi.com/2072-4292/16/24/4771 Present-Day Tectonic Deformation Characteristics of the Northeastern Pamir Margin Constrained by InSAR and GPS Observations] // Remote Sensing (MDPI). Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>, ки ин пеш аз ҳама ба бархӯрди амиқи қитъаҳои литосфераии Ҳиндустон ва Авруосиё вобаста аст. Дар натиҷаи ин бархӯрд блоки Помир дар давоми кайнозои дер тақрибан 280–300 километр ба самти шимол рондашуда, деформатсияи бузурги тектоникиро дар зерминтақаи Ванҷу Язғулом ба вуҷуд овардааст<ref name="ref188">[https://www.frontiersin.org/journals/earth-science/articles/10.3389/feart.2022.967529/full Two kinematic transformations of the Pamir salient since the Mid-Cenozoic: Constraints from multi-timescale deformation analysis] // Frontiers in Earth Science. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>. Деформатсияи сатҳии минтақа асосан тавассути шикастагии калони Дарвоз-Қарокӯл ва системаи шикастагиҳои дохилиқаторкӯҳии транстенсионӣ идора мешавад<ref name="ref189">[https://pubs.geoscienceworld.org/gsa/geosphere/article/6/4/444/132380/Major-intracontinental-strike-slip-faults-and Major intracontinental strike-slip faults and contrasts in lithospheric strength] // Geosphere, GeoScienceWorld. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>, дар ҳоле ки заминҷунбиҳои чуқурии миёна дар зери минтақа бо равандҳои деламинатсия ва кандашавии (breaking-off) порчаи литосфераи Ҳиндукуш алоқаманд дониста мешаванд<ref name="ref190">[https://refubium.fu-berlin.de/bitstream/handle/fub188/1258/Thesis_Kufner_Sofia.pdf Lithospheric structure and seismotectonic setting of the Hindu Kush, the Tajik-Afghan basin and the western Pamir from analysis] // Refubium, Freie Universität Berlin. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>.
==== Заминҷунбии 2 январи соли 2010 ====
Субҳи рӯзи шанбе, 2 январи соли 2010 (соати 07:15 бо вақти маҳаллӣ), дар шарқи Тоҷикистон заминларзае бо бузургии тахминан 5,3–5,4 ба вуқӯъ пайваст. Эпицентри он тақрибан 14 километр шимолтар аз маркази ноҳияи Ванҷ, дар координатаҳои 38,247° арзи шимолӣ ва 71,495° тӯли шарқӣ ҷойгир буд, гипоцентраш бошад дар умқи тақрибан 47 километр қарор дошт<ref name="ref191">[https://reliefweb.int/disaster/eq-2010-000001-tjk Tajikistan: Earthquake - Jan 2010] // ReliefWeb. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>. Заминларза ба 23 деҳа дар ду ҷамоати ноҳия — ҷамоати ба номи Маҳмадулло Абдуллоев (собиқ Ванҷ) ва ҷамоати Язғулом — хисороти ҷиддӣ расонд<ref name="ref192">[https://reliefweb.int/report/tajikistan/react-situation-report-no1-earthquake-vanj-district-gbao-province-tajikistan REACT Situation Report No.1: Earthquake in Vanj District, GBAO Province, Tajikistan] // REACT / ReliefWeb. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref><ref name="ref193">[https://reliefweb.int/report/tajikistan/tajikistan-vanj-earthquake-situation-report-2 Tajikistan Vanj Earthquake Situation Report #2] // ReliefWeb. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>.
Тибқи гузоришҳои ибтидоии созмонҳои байналмилалӣ, офат ба 958 хоҷагӣ таъсир расонд; шумораи хонаҳои комилан харобшуда, ки дар рӯзҳои аввал 98 адад арзёбӣ шуда буд, дар натиҷаи давоми таконҳои пасозилзилавӣ то 140–162 адад афзоиш ёфт<ref name="ref194">[https://www.ozodi.org/a/1920743.html Дар Ванҷ 98 манзил пурра тахриб шудааст] // Радиои Озодӣ. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref><ref name="ref195">[https://reliefweb.int/report/tajikistan/tajikistan-vanj-earthquake-situation-report-3 Tajikistan Vanj Earthquake Situation Report #3] // ReliefWeb. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>. Дар маҷмӯъ, беш аз 1050 бино — аз ҷумла манзилҳои зист, се мактаб, тақрибан 30 бинои маъмуриву иҷтимоӣ, дармонгоҳи ноҳия ва бинои нозироти андоз — қисман ё пурра хароб гардиданд<ref name="ref196">[https://www.ozodi.org/a/1920560.html Хисороти заминларзаи шадид дар Ванҷ] // Радиои Озодӣ. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref><ref name="ref193" />. Аз 1134 то беш аз 20 000 нафар сокинон ба таври мустақим ё ғайримустақим зарар диданд; ҳамзамон, ин офат талафоти ҷонии марговар дар пай надошт ва танҳо 2 нафар ҷароҳат бардоштанд<ref name="ref197">[[:ru:Землетрясение_в_Таджикистане_(2010)|Землетрясение в Таджикистане (2010)]] // Википедия (рус.). Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>. Зарари молиявӣ тахминан 1,5 миллион доллари амрикоӣ (тақрибан 16,2 миллион сомонӣ) арзёбӣ гардид<ref name="ref197" />.
Дар асари таконҳо беш аз 2,5 километр хатҳои интиқоли барқ ва алоқа канда шуда, 13 сутуни барқӣ шикастанд, ки дар натиҷа маркази Ванҷ, Роғ ва Гишхун бидуни нерӯи барқ ва алоқаи телефонӣ монданд<ref name="ref197" />. Сармои шадиди зимистон (то −24 °C дар шаб) вазъиятро боз ҳам мушкилтар гардонд; мардум аз тарси фурӯрезии минбаъдаи биноҳо шабҳои аввалро дар ҳавои кушод, дар хаймаҳо ва биноҳои камосебдида гузарониданд<ref name="ref194" />. Дар моҳҳои баъдина силсилаи тӯлонии таконҳои пасозилзилавӣ идома ёфт<ref name="ref198">[https://www.ozodi.org/a/1922938.html Рӯйдодҳои ҳафта дар оинаи матбуот] // Радиои Озодӣ. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>. Дар вокуниш ба офат, Ҳукумати Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва созмонҳои байналмилалӣ — аз ҷумла Федератсияи байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (IFRC), барномаи REACT ва Ташкилоти Ҷамъиятии Мададгори Мудофиа — амалиёти кумаки башардӯстонаро оғоз карданд, ки то 5 майи ҳамон сол идома ёфт<ref name="ref192" /><ref name="ref199">[https://khovar.tj/2010/01/ba-zarardidagoni-zaminlarzai-van-1206-k-1262-mak-az-t-1206-mm/ Ба зарардидагони заминларзаи Ванҷ кӯмак аз ТҶММ] // АМИТ «Ховар». Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>.
==== Хатарҳои дуюмдараҷа: сангрезиш ва ярч ====
Ба сабаби топографияи шадидан кӯҳистонии ноҳия, заминҷунбиҳо аксар вақт боиси сангрезиш мегарданд, ки ягона шоҳроҳи нақлиётии минтақа — шоҳроҳи Душанбе–Хоруғ — ро масдуд месозад. Ҳангоми таконҳои пасозилзилавии 6 январи соли 2010, сангрезише 3 километр қисмати шоҳроҳро дар километри 481-ум пӯшонд<ref name="ref200">[https://khovar.tj/2010/01/kumitai-1202-olat-1202-oi-fav-1178-ulodda-tajyor-nest/ Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда тайёр нест] // АМИТ «Ховар». Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref><ref name="ref201">[https://www.khf.tj/node/4686 КҲФ: Заминларза ва резиши санг дар кишвар. Талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар нест] // Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>. Мутахассисон ин хатарро бо фоҷиаи [[Ярчи Ҳоит|Ҳоит]] (10 июли соли 1949, заминларзаи бо бузургии 7,4–7,5), ки боиси марги тақрибан 7200 нафар гардида буд, муқоиса мекунанд<ref name="ref202">[[:en:1949_Khait_earthquake|1949 Khait earthquake]] // Wikipedia (англ.). Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>.
==== Ҳодисаҳои сейсмикии баъдина (2015–2023) ====
Рӯзи 7 декабри соли 2015, заминларзае бо бузургии 7,2, ки маркази он дар наздикии кӯли [[Сарез]] ҷойгир буд, дар километрҳои 452 ва 462-юми шоҳроҳи Душанбе–Хоруғ дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ сангрезиши марговар ба вуҷуд овард, ки дар натиҷаи он як ронанда ҳалок ва якчанд мошини боркаш хароб гардид<ref name="ref203">[https://khovar.tj/2015/12/van-barrasii-o-ibat-oi-ofati-tabi-dar-voh-r-bo-ramazon-ra-imzoda/ Ванҷ: Баррасии оқибатҳои офати табиӣ дар вохӯрӣ бо Рамазон Раҳимзода] // АМИТ «Ховар». Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>. Рӯзҳои 9 ва 21 марти соли 2023, ду заминларзаи дигар — яке бо бузургии 5,7 бо марказаш дар ҳудуди Боғи миллии Тоҷикистон ва дигаре бо бузургии 6,5 дар [[Ҳиндукуш|Ҳиндукуши]] Афғонистон — таконҳои шадидро дар саросари Помири Ғарбӣ, аз ҷумла дар ноҳияи Ванҷ, ба вуҷуд оварданд<ref name="ref204">[https://www.aa.com.tr/ru/%D0%BC%D0%B8%D1%80/%D0%B2-%D1%82%D0%B0%D0%B4%D0%B6%D0%B8%D0%BA%D0%B8%D1%81%D1%82%D0%B0%D0%BD%D0%B5-%D0%BF%D1%80%D0%BE%D0%B8%D0%B7%D0%BE%D1%88%D0%BB%D0%BE-%D0%B7%D0%B5%D0%BC%D0%BB%D0%B5%D1%82%D1%80%D1%8F%D1%81%D0%B5%D0%BD%D0%B8%D0%B5-%D0%BC%D0%B0%D0%B3%D0%BD%D0%B8%D1%82%D1%83%D0%B4%D0%BE%D0%B9-5-7/2840674 В Таджикистане произошло землетрясение магнитудой 5,7] // Anadolu Ajansı. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref><ref name="ref205">[[:ru:Землетрясение_в_Бадахшане_(2023)|Землетрясение в Бадахшане (2023)]] // Википедия (рус.). Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>.
==== Осебпазирии инфрасохтор ва чораҳои паст кардани хавф ====
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки қисми зиёди биноҳои харобшуда дар заминҷунбии соли 2010 хонаҳои анъанавии гилину похсагин буданд, ки аз нигоҳи муҳандисии сейсмикӣ муқовимати паст дошта, камарбандҳои оҳану бетонӣ надоранд<ref name="ref197" />. Барои паст кардани хавфи минбаъда, Ҳукумати Тоҷикистон барномаҳои кӯчонидани аҳолиро аз минтақаҳои хатарноки экзогенӣ амалӣ месозад<ref name="ref197" />.
== Иқлим ==
Иқлими ноҳияи Ванҷ қораӣ (континентӣ) аст; тобистонаш гарми бебориш, зимистонаш сарди камбарф; ҳарорати миёна дар моҳи июл 20-24 °C, дар январ аз −12 °C то −20 °C. Мизони борандагии солона 200-300 миллиметр аст. Баландиҳои 4000-5500 м марғзоранд, аз он болотар – тундраи кӯҳист. Дар баландкӯҳҳо иқлим ба куллӣ дигар аст: дар минтақаи лозури Ванҷях ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво ҳатто дар моҳҳои июн-сентябр ҳамагӣ +1,6 °C буда, миқдори солонаи боришот дар он ҷо ба 1192 мм мерасад, ки 99 дарсади он ба шакли барф меборад.<ref name="ref11" />
=== Таснифи иқлимӣ ва механизмҳои ташаккулёбандаи он ===
Тибқи таснифи байналмилалии иқлимшиносии Кёппен-Гейгер (Köppen-Geiger), иқлими қисми асосии водиҳои поёнии ноҳияи Ванҷ ба гурӯҳи Dsa – ''«иқлими қораии мӯътадил бо тобистони гарму хушк»'' – мансуб дониста мешавад.<ref name="ref32">[[:en:Vanj_District|Vanj]] (англ.) // Wikipedia, the Free Encyclopedia. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ин рамз се хусусияти бунёдиро ифода мекунад: ҳарфи D нишон медиҳад, ки ҳарорати миёнаи сардтарин моҳи сол аз −3 °C поёнтар аст ва барф дар зимистон қабати устувор ташкил медиҳад, дар ҳоле ки гармтарин моҳ аз 10 °C болотар аст; ҳарфи s далолат мекунад, ки боришоти моҳи хушктарини тобистон ба маротиб камтар аз боришоти моҳи сербориштарини зимистону баҳор аст; ҳарфи a нишон медиҳад, ки ҳарорати миёнаи гармтарин моҳи сол аз 22 °C зиёдтар аст. Ин таснифот танҳо то баландиҳои тақрибан 2000-2500 метр эътибори комил дорад; бо боло рафтан аз ин сатҳ, иқлим ба категорияҳои сардтару намноки Dsb ва Dsc мегузарад, дар баландиҳои беш аз 3500-4000 метр ба категорияи E (иқлими тундраи кӯҳӣ) ва дар минтақаи лозурҳо, аз ҷумла дар ҳавзаи Ванҷях, ба категорияи EF (иқлими яхбандии доимӣ) табдил меёбад.<ref name="ref33">Outlook on climate change adaptation in the Central Asian mountains (англ.) // Carpathian Convention. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Иқлими ноҳия натиҷаи таъсири мутақобилаи се механизми асосии атмосферист. Дар фасли зимистон (аз ноябр то март) минтақа таҳти таъсири канораи ҷанубу ғарбии Антитсиклони Сибирӣ қарор мегирад, ки массаҳои ҳавоии сарду хушкро ба водиҳои Помир ворид карда, ҳавои софи вале шадидан сарди зимистонаро ба вуҷуд меорад.<ref name="ref34">Рамочная модель управления экологическими и социальными охранными мерами (РМУЭСОМ) (рус.) // ECDP.TJ. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар охири зимистону фасли баҳор, силсилабодҳои ғарбӣ (Westerlies), ки аз уқёнуси Атлантик ва баҳри Миёназамин ҷараён мегиранд, манбаи асосии намӣ ва боришот мебошанд; вақте ин сиклонҳо ба қаторкӯҳҳои баланди Ванҷу Язғулом бармехӯранд, раванди боришоти орографӣ (кӯҳсоз) рӯй медиҳад, ки боиси резиши миқдори зиёди борону барф мегардад. Дар моҳҳои июлу август бошад, гармшавии шадиди сатҳи замин дар биёбонҳои Афғонистону Эрон боиси пайдоиши минтақаҳои фишори паст мегардад, ки массаҳои ҳавоии тропикии хушкро ба минтақа ворид карда, равандҳои абрсозиро бозмедоранд ва давраи хушксолии тобистонаро фаро меоранд. Бо сабаби парокандагии шабакаи истгоҳҳои обуҳавосанҷӣ дар кӯҳистони Помир, таҳлили дақиқи микроиқлимҳои алоҳида – ҳатто бо истифода аз пойгоҳҳои додаҳои глобалӣ ба монанди MERRA-2 – то ҳанӯз кори мураккабе боқӣ мемонад.<ref name="ref35">[https://www.nature.com/articles/s41598-025-86366-4 Modeling of historical and future changes in temperature and precipitation in the Panj River Basin in Central Asia under the CMIP5 RCP and CMIP6 SSP scenarios] (англ.) // PMC. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Низоми ҳарорат ===
Маълумоти мушаххаси истгоҳҳои метеорологии маҳаллӣ манзараи дақиқтари низоми ҳароратиро пешкаш мекунанд. Тибқи таҳлили илмии соли 2024, ки бар асоси мушоҳидаҳои истгоҳи обуҳавосанҷии Хумроғӣ (воқеъ дар ҳавзаи болооби рӯди Ванҷ) анҷом дода шудааст, ҳарорати миёнаи солона дар ин минтақа тақрибан ба +9,9 °C баробар аст.<ref name="ref36">[https://www.mdpi.com/2072-4292/16/10/1730 Murodov, M.; Li, L.; Safarov, M.; Lv, M.; Murodov, A.; Gulakhmadov, A.; Khusrav, K.; Qiu, Y. A Comprehensive Examination of the Medvezhiy Glacier\\\'s Surges in West Pamir (1968--2023)] (англ.) // Remote Sensing. --- 2024. --- Ҷ. 16, № 10. --- Мақолаи 1730. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Гармтарин моҳи сол июл буда, ҳарорати миёнаи он ба +23,0 °C мерасад,<ref name="ref36" /> баъзе манбаъҳои дигар ҳарорати миёнаи июлро дар маркази ноҳия то +25 °C арзёбӣ мекунанд.<ref name="ref32" /> Тибқи маълумоти сомонаҳои обуҳавосанҷии оммавӣ, дар давоми рӯзҳои гарми тобистон (масалан, дар охири июлу аввали август) ҳарорати нимирӯзӣ метавонад ба таври муназзам то +27...+32 °C боло равад.<ref name="ref37">[https://www.gismeteo.ru/weather-vanch-336641/ Погода в Ванче сегодня] (рус.) // Gismeteo. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Сардтарин моҳи сол январ аст, ки тибқи маълумоти истгоҳи Хумроғӣ ҳарорати миёнааш аз −4,9 то −5,0 °C-ро ташкил медиҳад.<ref name="ref36" /><ref name="ref32" /> Ин рақам аз тавсифи умумии дар боло овардашуда (аз −12 то −20 °C), ки маъмулан дар сарчашмаҳои донишномавӣ дар бораи маркази ноҳия дода мешавад, фарқи назаррас дорад; чунин ба назар мерасад, ки ин тафовут на ихтилофи асл, балки натиҷаи фарқи мавқеи чен ва усули ҳисоб бошад – рақами дуюм эҳтимолан ба ҳарорати шабонаи ниҳоии сардтарин рӯзҳо ё ба минтақаҳои баландтари ноҳия дахл дорад, дар ҳоле ки рақами якум ҳарорати миёнаи моҳонаро дар як истгоҳи мушаххас инъикос мекунад. Муҳимтарин хусусияти ин иқлим амплитудаи миёнаи солонаи ҳарорат аст, ки ба 27,9 °C мерасад ва гувоҳи равшани набудани таъсири мӯътадилкунандаи баҳрҳо мебошад.<ref name="ref36" />
Ҳароратҳои фавқулода низ ба қайд гирифта шудаанд: тибқи як ҳуҷҷати арзёбии экологию иҷтимоӣ, дар моҳи июли соли 2013 ҳарорати ҳаво дар ноҳия то +36,6 °C расидааст, дар ҳоле ки дар моҳи январи соли 2012 пасттарин ҳарорати мутлақ −20,5 °C ба қайд гирифта шуд;<ref name="ref34" /> тафовути миёни ин ду нишондиҳанда – беш аз 57 дараҷа – худ далели равшани шиддати иқлими қораии кӯҳистонии ноҳия аст.
Бо ҳар 100 метр болоравии баландӣ, ҳарорати ҳаво, тибқи қонунияти умумии физикаи атмосфера, ба ҳисоби миёна 0,6 °C коҳиш меёбад; маҳз ҳамин градиенти амудӣ сабаб мешавад, ки дар ҳоле ки дар маркази ноҳия тобистон гармои то 30 дараҷа ҳукмфармост, дар баландиҳои болои 4000 метр шароити наздик ба зимистон боқӣ мемонад. Дар минтақаи лозури Ванҷях, тавре ки дар боло зикр гардид, ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво ҳатто дар моҳҳои июн-сентябр ҳамагӣ +1,6 °C-ро ташкил медиҳад, ки шабнаму яхбандии шабонаро дар он ҷо ҳатто дар авҷи тобистон табиӣ мегардонад.
=== Боришот ва намнокии ҳаво ===
Тақсимоти боришот дар ноҳияи Ванҷ, мисли ҳарорат, ба таври шадид вобаста ба баландӣ тағйир меёбад. Тибқи маълумоти истгоҳи Хумроғӣ, боришоти миёнаи солона дар ҳавзаи болооби рӯди Ванҷ ба 341 мм мерасад,<ref name="ref36" /> дар ҳоле ки дар қисматҳои поёнии водӣ ин рақам ба 200-300 мм наздик аст (ниг. боло), ва дар баъзе минтақаҳои миёнакӯҳ, тибқи баъзе сарчашмаҳо, то 626 мм низ мерасад.<ref name="ref32" /> Хусусияти муҳимтарин на ҳаҷми умумии боришот, балки тақсимоти бениҳоят нобаробари он дар тӯли сол аст: моҳи сербориштарин март буда, ба ҳисоби миёна 64 мм боришот дорад ва бо обшавии ҳамзамони барфҳои кӯҳӣ сатҳи оби Ванҷобу Язғуломро кескин боло мебарад; моҳи хушктарин бошад, август аст, ки миқдори боришот дар он ҳамагӣ ба 1 мм мерасад.<ref name="ref36" /> Тафовути 63-миллиметра миёни ин ду моҳ нишондиҳандаи равшани хушксолии мутлақи тобистона мебошад.<ref name="ref36" />
Намнокии нисбии ҳаво низ ба ҳамин ритми мавсимӣ пайравӣ мекунад: дар авҷи тобистон он метавонад то 18-24 фоиз коҳиш ёбад,<ref name="ref38">Погода в Ванче (Таджикистан) (рус.) // JSPRAV.ru. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> ки боиси бухоршавии босуръати намӣ аз сатҳи хоку баргу набот гардида, эҳтиёҷи кишоварзиро ба обёрии сунъӣ хеле меафзояд. Дар муқобил, дар минтақаи баландкӯҳии лозури Ванҷях, тавре ки дар боло омад, миқдори солонаи боришот ба 1192 мм мерасад, ки 99 дарсади он ба шакли барф меборад – рақаме, ки таъсири орографии (кӯҳсози) қаторкӯҳҳои Ванҷу Академияи илмҳоро ба таври возеҳ нишон медиҳад: ҳангоме ки массаҳои ҳавоии намнок ба ин деворҳои азим бармехӯранд, ба боло ҳаракат карда, сард мешаванд ва намии худро дар шакли боришоти шадид дар минтақаҳои баландтар мепартоянд, дар ҳоле ки водиҳои поёнӣ дар ''«сояи боришот»'' боқӣ мемонанд.
Хоки водиҳо ҷигарӣ ва чаманзорӣ (чимтолӣ); хоки кӯҳҳо ва нишебиҳои онҳо даштӣ ва марғзору баландкӯҳ, ҷо-ҷо регзор аст. Аксари хокҳо серсанганд.
Дар водиҳо набототи даштӣ, дар кӯҳҳо ва доманаи онҳо дарахтони бед, арча, сафедор, буттаҳои ангат, зирк, бушол, настаран; дар баландии 2000-4000 м камол, юған, торон, ревоҷ (чукрӣ), куруш, фарк, курт, бодом, жағн, тӯс (буруҷ) ва ғайра мерӯянд. Дар водии Ванҷ дарахтони мевадор, аз қабили тут, зардолу, себ, чормағз хеле фаровонанд ва ҳосили хуб медиҳанд.
Аз ҳайвоноти ваҳшӣ паланг, хирс, гург, шағол, рӯбоҳ, оҳу, суғур, заргӯш, аз парандагон гунҷишк, ғулба, кабки реза, кабки дарӣ (ҳилол), кафтар, боз, ғалевоз, уқоб ва ғайра вомехӯранд.
=== Минтақабандии амудии эко-иқлимӣ ===
Бо сабаби тафовути шадиди баландӣ – аз 1500 метр дар қисматҳои поёнии водӣ то беш аз 6000 метр дар қуллаҳо – иқлими ноҳияи Ванҷ якранг нест, балки аз занҷираи пайдарпайи минтақаҳои эко-иқлимӣ иборат аст, ки ҳар кадоме шароити хоси гармову намнокӣ ва набототу ҳайвоноти мувофиқи худро доранд.
Дар баландии 1500-2000 метр, дар водиҳои Ванҷу Водхуд, иқлим гармтарину мусоидтарин аст; маҳз дар ҳамин минтақа, тавре ки дар боло зикр шуд, дарахтони меваовар – тут, зардолу, себу чормағз – ҳосили фаровон медиҳанд. Аз баландии 2000 то 4000 метр иқлим сардтар мешавад ва набототи дарахтии гармидӯст ҷои худро ба буттаву гиёҳҳои тобовар ба хушкии тобистона медиҳад; маҳз ҳамин минтақа, тибқи таҳқиқоти экологии барномаҳои ҷаҳонии ҳифзи табиати Осиёи Марказӣ, макони зисти намудҳои нодири эндемикӣ – аз ҷумла гиёҳи [*Nepeta badachschanica]* ва шабпараки нодири кӯҳӣ [*Parnassius autocrator]* – маҳсуб мешавад.<ref name="ref39">[https://portals.iucn.org/library/node/48972 World Heritage thematic study for Central Asia] (англ.) // IUCN Portals. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар баландии 4000-5500 метр, дар минтақаи тундраи кӯҳӣ ва марғзорҳои алпӣ, набототи дарахтӣ комилан аз байн меравад ва танҳо гиёҳҳои пастқад, ушна ва сангфаш (лишайник) боқӣ мемонанд; фаунаи ин минтақа – аз ҷумла паланг, хирс, суғур ва кабки дарӣ (ҳилол) – бештар дар фасли тобистон ба ин баландиҳо мебарояд ва бо фарорасии зимистон ба минтақаҳои поёнии гармтар муҳоҷирати амудӣ мекунад.<ref name="ref39" /> Ниҳоят, аз баландии 5500 метр боло, дар минтақаи нивалӣ-лозурӣ, олами яхбандии доимӣ оғоз мешавад, ки ба иқлими қутбҳои Замин монандӣ дорад ва манбаи асосии ғизогирии лозурҳои бузурги ноҳия, аз ҷумла лозури Ванҷях, ба шумор меравад.
=== Хатарҳои гидрометеорологӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ===
Иқлими шадидан қораии ноҳияи Ванҷ, ки бо боришоти пуршиддати баҳорӣ ва хушксолиҳои шадиди тобистона тавсиф мешавад, минтақаро ба яке аз осебпазиртарин ноҳияҳо аз лиҳози хатарҳои гидрометеорологӣ дар тамоми ҳавзаи рӯди Панҷ табдил додааст.<ref name="ref40">Climate Change Vulnerability Assessment Republic of Tajikistan: Building Climate Resilience in the Pyanj River Basin (англ.) // Climate Investment Funds (CIF). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ду омили асосии иқлимӣ сабабгори аксари сел ва обхезиҳо мебошанд. Аввал, вақте ки боришоти шадиди баҳорӣ бо баландшавии ногаҳонии ҳарорат ҳамроҳ мешавад, барфҳои нишебиҳои кӯҳӣ босуръат об шуда, заминро аз ҳад зиёд сернам мекунанд ва ба лағжиши қабатҳои замин ва фаромадани селҳои лойқадор оварда мерасонанд.<ref name="ref36" /> Дуюм, ҳангоме ки ҳарорати нимирӯзии тобистона ба атрофи +30 °C мерасад, суръати обшавии лозурҳо ба ҳадди аксар расида, метавонад боиси обхезиҳои ногаҳонии кӯлҳои лозурӣ гардад,<ref name="ref38" /> падидае, ки, тавре ки дар бахши ''«Лозурҳо ва қуллаҳо»'' зикр гардид, дар мисоли лозури Хирс борҳо ба амал омадааст.
Тибқи арзёбии осебпазирии иқлимӣ, ки дар доираи лоиҳаи минтақавии ''«Ташаккули устувории иқлимӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ»'' анҷом дода шудааст, деҳаҳои ноҳияи Ванҷ, аз ҷумла дар ҷамоатҳои Водхуду Язғулом, дар қатори минтақаҳои дорои хатари миёна ва баланди зарар аз сел ва обхезӣ гурӯҳбандӣ шудаанд.<ref name="ref40" /><ref name="ref41">[https://www.adb.org/projects/45354-002/main 45354-002: Building Climate Resilience in the Pyanj River Basin] (англ.) // Asian Development Bank. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Барои коҳиш додани ин осебпазирӣ, дар доираи лоиҳаҳои байналмилалии мутобиқшавӣ ба иқлим, дар ҳудуди ҷамоати Водхуд корҳои мустаҳкамкунии соҳили рӯди Ванҷоб ва барқарорсозии лӯлаҳои оби полезӣ анҷом дода шудаанд, ки ҳадафи онҳо ҳифзи заминҳои кишоварзӣ аз сел ва кафолати таъминоти об дар давраҳои хушксолии шадид мебошад.<ref name="ref40" /> Ин гуна тадбирҳои инфрасохторӣ, дар якҷоягӣ бо гузариш ба неруи барқи хурди обӣ (ниг. бахши ''«Энергетика»'') ва вобастагии иқтисоди хонаводаҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ (ниг. бахши ''«Муҳоҷирати меҳнатӣ»''), нишондиҳандаи равшани он мебошанд, ки иқлими шадиди кӯҳистонӣ на танҳо омили табиӣ, балки муайянкунандаи асосии тарзи зиндагӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ванҷ боқӣ мемонад.
{| class="wikitable"
!'''Ҷадвали 1. Хулосаи нишондиҳандаҳои иқлимии ноҳияи Ванҷ'''<ref name="ref36" /><ref name="ref32" /><ref name="ref34" /><ref name="ref37" /><ref name="ref38" />
|-
|'''Нишондиҳанда'''
|'''Қимат'''
|'''Тавзеҳ'''
|-
|Ҳарорати миёнаи солона
| +9,9 °C
|Истгоҳи Хумроғӣ
|-
|Ҳарорати миёнаи июл (гармтарин моҳ)
| +23,0...+25,0 °C
|Хумроғӣ / маркази ноҳия
|-
|Ҳарорати миёнаи январ (сардтарин моҳ)
|−4,9...−5,0 °C
|Истгоҳи Хумроғӣ
|-
|Амплитудаи миёнаи солонаи ҳарорат
|27,9 °C
|Нишондиҳандаи иқлими қораӣ
|-
|Максимуми мутлақ (рекорд)
| +36,6 °C
|Июли соли 2013
|-
|Минимуми мутлақ (рекорд)
|−20,5 °C
|Январи соли 2012
|-
|Боришоти солона (Хумроғӣ)
|341 мм
|Ҳавзаи болооби рӯди Ванҷ
|-
|Моҳи сербориштарин
|64 мм
|Март
|-
|Моҳи хушктарин
|1 мм
|Август
|-
|Намнокии нисбии ҳаво дар тобистон
|18-24 %
|–
|}
== Таърих ==
Ванҷ таърихи чандинҳазорсола дорад, ки осори таърихии он то ҳол пойбарҷоянд, аммо касе аз донишмандони таърих ва бостоншиносони тоҷик ба пажӯҳиши ҷиддии ин ганҷинаи таърих домани ҳиммат барназадааст. Сағонаҳо ва дахмаҳои Ванҷ худ далели ошкори таърихи чандҳазорсолаи ин куҳанбуманд. Бо ин ҳама, таърихи навини водӣ дар осори муаррихони тоҷик – мақолаи академик [[Раҳим Масов]] ''«Оид ба таърихи водии Ванҷ»'' ва китобҳои профессор [[Ҳайдаршо Пирумшоев]] – мавриди баррасии махсус қарор гирифтааст.<ref name="ref42">Масов Р. М. К истории Ванчской долины // Мероси ниёгон. --- Душанбе, 1999. --- № 4. --- С. 20--30.</ref><ref name="ref2" />
Сарнавишти таърихии Ванҷ аз дигар мавзеъҳои тоҷикнишини Бухорои Шарқӣ ва ғарби Бадахшон чандон фарқе надошт. Фоҷиаҳое, ки дар ин ё он гардиши таърихӣ, мисли ҳуҷуми муғулҳо, темуриён ва тозиши дигар қабилаҳои кӯчии туркнажод ва хунрезиҳои ваҳшиёна дар давраи парокандагии феодалӣ рух доданд, бар ин сарзамин бетаъсир набуданд. Тоҷиконе, ки зери таъқибу фишори аҷнабиён қарор гирифта буданд, барои ҳифзи ҷони худ ба тагнои ин дараҳои дастнорас, ба каронаҳои рӯдҳои кӯҳӣ паноҳ бурданд ва ба ҷойҳои дурдасте кӯчиданд, ки сокинони маҳаллӣ дар он солиёни дароз бо кӯшишу ранҷи сахт қитъаҳои хурди заминро барои кишт созгор мекарданд.
Далели мустақими мардумшиносии ин падидаи муҳоҷират аз ҷониби шарқшиноси рус А. А. Семёнов, ки соли 1898 дар доираи экспедитсияи расмии граф А. А. Бобринский ба кӯҳҳои Зарафшону [[Қаротегин|Қаротегину]] Дарвоз сафар карда буд, сабт гардидааст:
''«Обитатели долины Ванджа говорили, что ихъ долина заселена недавно, лѣтъ сто тому назадъ, выходцами съ Хингоба. Это переселеніе, замѣтимъ, на Вандж съ Хингоба продолжается, вѣроятно, и до сихъ поръ: намъ здѣсь приходилось встрѣчать много туземцевъ, которые родились въ долинѣ Хингоба и недавно переселились на Ванджъ. Туземцы Дарваза по Пянджу передавали, что ихъ отцы заселили правый берегъ рѣки, когда лѣвый былъ занятъ, и пришли сюда изъ долины Хингоба, туда же переселились съ Ях-Су.»''
Тарҷума: ''«Сокинони водии Ванҷ мегуфтанд, ки водии онҳо на чандон пеш, тахминан сад сол қабл, аз ҷониби муҳоҷирони аз Хингов омада маскун шудааст. Ин муҳоҷират, бояд қайд кард, аз Хингов ба Ванҷ, эҳтимол, то ба имрӯз низ идома дорад: мо дар ин ҷо бисёр сокинонеро вохӯрдем, ки худашон дар водии Хингов таваллуд шуда, ба наздикӣ ба Ванҷ кӯчида буданд. Сокинони бумии Дарвоз дар соҳили Панҷ нақл мекарданд, ки падарони онҳо соҳили рости дарёро – вақте ки соҳили чап аллакай ишғол шуда буд – маскун сохтаанд ва ба ин ҷо аз водии Хингов омада буданд, ки худ пеш аз он аз Ях-Су ба он ҷо кӯчида буд»''.<ref name="ref43">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 20.</ref> Ин маълумоти мардумшиносӣ, ҳарчанд бар асоси ривояти шифоҳии сокинон дар охири асри XIX сабт шуда ва набояд ҳамчун санади мутлақи таърихӣ пазируфта шавад, бо ин ҳама, бо тасвири умумии дар боло овардашуда – ки водиро паноҳгоҳи гурезагони кӯҳистонӣ аз минтақаҳои гуногун меҳисобад – ҳамоҳангии комил дорад. Дар бораи таърихи куҳантари Ванҷ ҳанӯз манбаъи мувассақе ба даст нарасидааст. Аммо аз таҳқиқоти донишмандони руси тоинқилобӣ ва муҳаққиқони аҳди шӯравӣ бармеояд, ки Ванҷ қариб то охири асрҳои миёна истиқлоли худро нигоҳ медошт. Ин назарро донишманди маъруф, мутахассиси таърихи Бухорои Шарқӣ ва Бадахшон Б. Искандаров чунин баён кардааст:<ref name="ref44">Искандаров Б. И. Восточная Бухара и Памир во второй половине XIX в. Ч. 1--2. --- Душанбе, 1962--1963.</ref>
Аз мулкҳои қаламрави Дарвоз сокинони Ванҷ нисбатан мустақилияти воқеъиро соҳиб буданд. Ин ноҳияро кӯҳҳои баланд иҳота мекунанд ва он аз шоҳроҳи пайвандгоҳи мулкҳои кишвар дар канор, дар наздикиҳои доманаи лозури Федченко ҷой дорад. Аз ин ҷиҳат мулки номбурда барои аҷнабиён дастнорас буд. Ба ин нигоҳ накарда, хонҳои Қӯқанд дар охири асри XVIII - ибтидои XIX борҳо барои ғасбу тобеъ намуданаш кӯшиш ба харҷ додаанд, вале ҳама талафоту харҷашон беҳуда анҷом ёфтааст.
Ванҷ дар замони истилои муғулон ва салтанати [[Темуриён]], [[Шайбониён]] ва [[Аштархониён]] ба таври расмӣ ҷузъи қаламрави онҳо шинохта мешуд, аммо амалан мустақил буд. Ин вазъиятро метавон дар замони ташаккули давлатдории Қӯқанд (авохири асри 18 - нимаи якуми асри 19) низ мушоҳида кард. Мувофиқи маълумоти маъхазҳо, Ванҷ то замони эътироф кардани ҳукумати шоҳи Дарвоз Исмоил (1845-1863) истиқлоли худро нигоҳ дошт. Дар замони ҳукмронии шоҳони вопасини Дарвоз (1863-1877) Ванҷ бахше аз қаламрави он ҳисоб меёфт. Баъд аз пайвастани Ванҷ ба Дарвоз иқтидори ҳокимони Дарвоз афзоиши чашмгире дошт, зеро бо ҳамроҳ шудани паҳлавонони ҳузарби ванҷӣ ба сафи лашкари Исмоилшоҳ имконоти ҷангии ӯ бамаротиб афзуд. Дар бораи муносибати мураккаби Ванҷ бо ҳокимони марказии Дарвоз, ки байни итоат ва муқовимат дар навасон буд, шаҳодати арзишманди дигаре аз офицери Штаби Генералии Русия, капитан А. Кузнецов боқӣ мондааст, ки соли 1892 ба таври пажӯҳиши ҳарбӣ аз Дарвоз дидан кардааст. Тибқи гузориши ӯ, гоҳе Шоҳони Дарвоз маҷбур мешуданд бар зидди бекҳои саркаши Ванҷ лашкар бифиристанд:
''«Тѣмъ не менѣе этимъ переваломъ во время оно Дарвозскіе Ша посылали войска съ артиллеріей въ Ванчъ на усмиреніе непокорныхъ бековъ, которые портили по Пянджу дорогу и занимали оборонительно тѣснины этой рѣки.»''
Тарҷума: ''«Бо ин ҳама, тавассути ҳамин ағба буд, ки замоне Шоҳони Дарвоз лашкар бо тӯпхона ба Ванҷ мефиристоданд, барои ба итоат овардани бекҳои саркаше, ки роҳи канори Панҷро вайрон мекарданд ва тангноҳои ин дарёро ба таври мудофиавӣ ишғол менамуданд»''.<ref name="ref45">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 12–13.</ref> Мисоли дигари ин рӯҳияи истиқлолхоҳонаи Ванҷ дар хотираи мардумӣ низ маҳфуз мондааст: тибқи иттилои Кузнецов, тахминан 120 сол пеш аз боздиди ӯ, яъне дар замони Шоҳ Иброҳими Дарвоз, ҳокими Ванҷ — Шабосхон — бо роҳи ағбаи Кашолаях ба Сариқул барои ғорати қирғизҳо лашкар кашида буд:
''«Послѣдній разъ этимъ переваломъ ходилъ управитель Ванча Шабосъ-ханъ въ Сары-Колъ грабить киргизъ. Это было 120 лѣтъ тому назадъ во время Дарвозскаго Ша-Ибрагима.»''
Тарҷума: ''«Бори охирин аз ҳамин ағба ҳокими Ванҷ, Шоҳаббосхон барои ғорати қирғизҳо ба Сариқул гузашта буд. Ин ҳодиса 120 сол пеш, дар замони Шоҳи Дарвоз Иброҳим, рӯй дода буд»''.<ref name="ref46">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 21–22.</ref>
Тибқи ривояти маҳаллӣ, ки муаррихон Р. Масов ва Ҳ. Пирумшоев дар асари бунёдии худ ''«Файзи истиқлол дар "Боми ҷаҳон"»'' сабт кардаанд, дар деҳаи Кулумбаи Боло то ба имрӯз нишонаҳои коркарди тилло боқӣ мондаанд, ки гӯё дар замони истилои муғулон навкарони Чингизхон мардуми маҳаллиро маҷбуран ба ин фаъолият сафарбар карда буданд.<ref name="ref47">Масов Р. М., Пирумшоев Ҳ. Файзи истиқлол дар «Боми ҷаҳон». --- Душанбе: Дониш, 2011. --- 412 с. --- ISBN 978-99947-2-004-0. --- С. 362--363.</ref> Ин ривоят нишон медиҳад, ки ҳарчанд қудратҳои бузург метавонистанд нуфузи худро ба таври муваққатӣ ва барои истихроҷи захираҳо таҳмил кунанд, онҳо ҳеҷ гоҳ натавонистанд назорати пурраи маъмуриро дар ин дараҳои маҳкам барқарор намоянд. Дар замони салтанати Темуриён низ, тибқи маълумоти муаррихи асримиёнагӣ Абдурраззоқи [[Самарқанд|Самарқандӣ]], агарчи минтақа расман дар итоати Темур буд, он аз ҷониби шоҳони маҳаллӣ идора мешуд ва ҳатто дар лашкари Темур ҳангоми муҳосираи Қалъаи Калот (соли 1381 милодӣ) дастаҳое аз сокинони Дарвозу Қаротегин хидмат мекарданд, ки гувоҳи иқтидори ҳарбии ин кӯҳистониён аст.<ref name="ref47" />
Дар охири асри XVIII ва нимаи якуми асри XIX хонҳои Қӯқанд якчанд маротиба кӯшиши тобеъ намудани Ванҷу Дарвозро ба харҷ доданд: дар замони салтанати Умархон (1810-1822) ва Мадалихон лашкаркашиҳои пайдарпай ба самти Қаротегину Дарвоз сурат гирифтанд; чунончи соли 1834 Мадалихон бо сарварии Машариф Атолиқ лашкари бузургеро барои саркӯб кардани шоҳзодагони фирории қӯқандӣ ба ин манотиқ фиристод, ки боиси даргириҳои шадид бо сипоҳиёни маҳаллӣ гардид.<ref name="ref48">Мудабирзода. Диссертатсия // Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш, 2025.</ref> Бо вуҷуди ин талошҳо ва хароҷоти зиёди ҳарбӣ, тавре ки дар боло аз қавли Искандаров зикр гардид, Ванҷ мустақилияти воқеии худро нигоҳ дошт.
Бо таваҷҷуҳ ба ин мавзӯъ, намояндаи расмии идораи Русия дар Туркистон Г. А. Арандаренко чунин қайд намудааст:
Дар давраи Исмоилшоҳ ба дарвозиён фурсат даст дод, ки ҳокимияти худро на танҳо дар Қаротегин ва Шуғнон густариш диҳанд, балки аз [[Кӯлоб|Кӯлобу]] [[Ҳисор]] низ боҷ биситонанд, гарчи дар муддати на чандон тӯлонӣ ҳам бошад.
Тибқи таҳқиқоти навтарин, Исмоилшоҳ дар авҷи иқтидори худ ба ин доираи васеъ ҳатто Рӯшонро низ тобеъ карда буд.<ref name="ref48" /> Вақте ки дар охирҳои солҳои 1860-ум ҳокимони Кӯлобу Ҳисор – Сарахон ва Абдулкаримбий – бо лашкари тахминан 50 ҳазор нафара ба муқобили ӯ бархостанд, Исмоилшоҳ бо дастгирии неруҳои содиқи худ, аз ҷумла паҳлавонони ванҷӣ, ба онҳо муқовимати шадид нишон дод.<ref name="ref48" />
Баъди ба Русия ҳамроҳ кардани Осиёи Миёна, амир Музаффар (1860-1885) бо дастгирии фармондори вилояти Туркистон манотиқи мустақиллу нимамустақилли Бухорои Шарқиро тасарруф кард ва нерӯҳои ҳарбии худро бо сарварии Худойназар (зимистони солҳои 1877-78) ба воситаи ағбаи Работ ба Қалъаи Хумб фиристод. Худойназар Қалъаи Хумбро ишғол кард, сипас ба самти Ванҷ ҳаракат намуд. Дар наздикии деҳаи Кеврон набарди сахте рӯй дод ва аскарони амир тавонистанд лашкари Дарвозро шикаст дода, таъқиби сарбозони боқимондаро идома диҳанд. Дастаи размандагони ихтиёрии Ванҷ ҳаракати сарбозони амирро дар назди Қалъаи Рохарв – маркази Ванҷ боздоштанд. Баъди муҳосираи бенатиҷаи қалъа сарбозони амир ба Қалъаи Хумб баргаштанд. Ванҷ баъди тобеъ шудани шоҳии Дарвоз боз ду сол истиқлоли худро нигоҳ дошт. Дар давраи салтанати сулолаи манғитиён Ванҷ яке аз амлокдориҳои нисбатан бонуфузи бекии Дарвоз ба шумор мерафт.
Амлокдори Ванҷро ''«мир»'' ва ё ''«шоҳ»'' меномиданд, яъне мири Ванҷ ё шоҳи Ванҷ. Вижагии вазифаи мирӣ дар Ванҷ дар ин буд, ки номзадии мири Ванҷро бо машварат ва ройзании шахсиятҳои бонуфузи маҳаллӣ пешбарӣ мекарданд, сипас мири Дарвоз бар ӯ мувофиқат мекард ва аз амири Бухоро таъйиди ниҳойӣ дарёфт мешуд. Ҷамъ намудани андоз ва уҳдадориҳои феодалӣ ба зиммаи мир гузошта шуда буданд.
Муҳимтарин санади таърихӣ, ки сохтори деҳаҳо ва демографияи ин давраро тасдиқ мекунад, ҳуҷҷати барӯйхатгирии саросарии [[Аморати Бухоро]] дар соли 1914 мебошад. Тибқи ин санад, ки 6-уми моҳи рабиъу-с-сонии соли 1332-и ҳиҷрӣ (мутобиқ ба марти соли 1914) аз тарафи беки Дарвоз Абдусатторбек Бийи Додхоҳ бо муҳр тасдиқ шудааст, маркази амлокдории Ванҷ расман дар деҳаи Рохарв (макони Қалъаи Ванҷ) сабт гардидааст.<ref name="ref49">Ванҷ ва Язгулом 112 сол пеш аз ин // Газетаи мардумии СССР. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ин рӯйхати нодир нишон медиҳад, ки аксари мутлақи деҳаҳои имрӯзаи водӣ ҳанӯз сад сол қабл бо ҳамон номҳои таърихии худ вуҷуд доштанд ва қисми узвии сохтори маъмурии амлокдорӣ буданд.<ref name="ref49" />
Сокинони водии Ванҷ [[Инқилоби Октябр|Инқилоби Октябрро]] нисбатан хуб пазируфтанд, вале пас аз муддати кӯтоҳе муборизони маҳаллии муқовимат, аз пайравони Фузайл Махсум ва дигарон, ки бо номи ''«босмачиён»'' маъруфанд, чандин бор бо Артиши Сурх ва давлати шӯравии мустақарр дар Ванҷ даргир шуданд. Дар ин даргириҳо барои дифоъ аз ҳукумати шӯравӣ фидоиёни маҳаллӣ, мисли М. Давлатов, С. Раупов, Т. Шарифов, В. Эҳсонов, У. Меҳралишоев, Ҷ. Сафоев, Қ. Собиров ва дигарон ширкат доштанд.
Тафсилоти иловагӣ дар бораи ҳамин рухдодҳо — аз ҷумла робитаи онҳо бо мудохилаи Британия дар минтақа — дар мақолаи Т. Г. Абаева дар бораи пажӯҳишҳои А. В. Станишевский омадааст:
''«Басмаческий налет весной 1929 г. на Гарм и на Ванчский район Западного Памира был осуществлен под руководством капитана Вуда-Балларда, помощника малакандского политического агента по Читральскому княжеству.»''
Тарҷума: ''«Ҳамлаи босмачиён дар баҳори соли 1929 ба Ғарм ва ба ноҳияи Ванҷи Помири Ғарбӣ таҳти роҳбарии капитан Вуда-Баллард, ёрдамчии агенти сиёсии малаканд оид ба амораи Читрал, амалӣ гардид.»''.<ref name="ref50">Абаева Т. Г. Исследования А. В. Станишевского (Азиза Ниалло) о Памире // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 281.</ref>
Бино бар сарчашмаҳои таърихӣ, дар асрҳои миёна Ванҷ се ниҳиштаи маъдани оҳансанг дошт. Ҳанӯз дар оғози асри XX истихроҷи оҳан, гудохтани он ва оҳангарӣ яке аз пешаҳои асосии мардуми маҳаллии Ванҷ буд, ки бо ин пеша манотиқи муҷовирро бо оҳан ва афзоли хоҷагӣ, асбоби кишоварзӣ, корду шамшер ва дигар аслиҳа таъмин мекарданд.<ref name="ref51">Камалиддинов Ш. С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX --- начала XIII вв. --- Ташкент: Ӯзбекистон, 1996.</ref> Ин касби мардумии ванҷиёнро шарқшиноси маъруф М. С. Андреев ҳанӯз соли 1926 дар рисолаи махсуси худ ''«Истеҳсоли оҳан дар водии Ванҷ»'' муфассал тавсиф кардааст.<ref name="ref52">Андреев М. С. Выработка железа в долине Ванча (верховья Аму-Дарьи). --- Ташкент, 1926.</ref>
Тибқи маълумоти иловагӣ дар бораи ин ҳунари мардумӣ, гудозиши оҳан дар кӯраҳои махсуси заминӣ - чиндонҳо, ки аз сангҳои тарошиданашуда ва гил сохта мешуданд, анҷом мепазируфт; оташро тавассути дамҳои аз пӯсти буз сохташуда меафрӯхтанд ва ҳамчун сӯзишворӣ аз ангишти чӯб ва барои афрӯхтани оташ, буттаи кӯҳии ''«пӯш»''-ро истифода мекарданд.<ref name="ref53">[https://istmat.org/files/uploads/43175/i.e.hodorov_tadzhikistan_v_narodnom_hozyaystve_sssr.pdf Ходоров И. Е. Таджикистан в народном хозяйстве СССР] (рус.) // Исторические материалы (istmat.org). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Як чунин кӯра тавоноӣ дошт, ки дар як шабонарӯз то 240 килограмм маъданро коркард намояд ва раванди пайвастаи гудозиш аз 2 то 5 шабонарӯз идома меёфт;<ref name="ref53" /> маҳз ҳамин технологияи маҳаллӣ ба Ванҷ имкон медод, ки аз воридоти металл аз берун вобаста набошад ва артиши худро бо аслиҳаи сард таъмин карда, худкифоии ҳарбию иқтисодиро кафолат диҳад.
Шаҳодати мустақил ва қадимтарини мустанад дар бораи ин анъанаи оҳангарӣ, ки бисту се сол пеш аз тадқиқоти Андреев сабт шудааст, аз гузориши капитан Кузнецов (соли 1892) бармеояд:
''«Серебро имѣется въ Джумарчскомъ амилякдарствѣ, свинецъ, олово у кишлака Вараунъ, желѣзо по р. оби-Ванчъ, главнымъ образомъ въ окрестностяхъ кишлака Техарви, кишлака Потау и кишлака Вань-Вань. Туземцы берутъ желѣзную руду, лежащую только на верхнихъ слояхъ земли; обжигаютъ ее въ особо-устроенныхъ печахъ, причемъ изъ 2 пудовъ руды получается желѣза полъ-пуда.»''
Тарҷума: ''«Нуқра дар амлокдории Ҷумарҷ мавҷуд аст, сурбу қалъагӣ — дар канори рустои Баравн, оҳан бошад — дар канори дарёи Ванҷ, асосан дар атрофи рустоҳои Техарв, Потов ва Ван-ван. Бумиён маъдани оҳанро, ки танҳо дар қабатҳои болоии замин ҷой дорад, бармедоранд; онро дар кӯраҳои махсус месӯзонанд, ки дар натиҷа аз ду пуд маъдан ним пуд оҳан ба даст меояд»''.<ref name="ref54">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 55–56.</ref> Кузнецов инчунин истихроҷи тиллоро дар ҳавзаи дарёи Ванҷ (дар канори Сағирдашту Язғулом), ки бо усули ибтидоии кӯшмаву ғалбер сурат мегирифт, тасвир кардааст ва аз байни ҳунарҳои дастии амлокдории Ванҷ, махсусан кордсозиро зикр намудааст:
''«Изъ кустарнаго производства обращаетъ на себя вниманіе только выдѣлка ножей въ Ванчскомъ амилякдарствѣ, да повсюду приготовленіе мату для одежды.»''
Тарҷума: ''«Аз ҳунарҳои дастӣ танҳо кордсозӣ дар амлокдории Ванҷ ва — дар ҳама ҷо — тайёр кардани мату барои либос таваҷҷуҳро ҷалб мекунад»''.<ref name="ref55">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 68.</ref>
Ванҷ аз замони [[Сомониён]] то соли 1877 ҳукумате мустақил дошта, фармонравоёни онро шоҳ мехондаанд. Соли 1878 амири Бухоро ба Дарвоз лашкар кашид ва пас аз хиёнати баъзе дарвозиён ба Дарвоз муставлӣ шуд; Дарвозро бекигарӣ ва Қалъаи Хумбро қароргоҳи урдуи манғитиён гардонд. Дарвоз тайи солҳои 1878-1920 яке аз бекигариҳои Бухоро буд ва бек дар Қалъаи Хумб менишаст ва мир хонда мешуд. Бо вуҷуди ин ҳама, Ванҷ зоҳиран дар итоати бекигарӣ буд, вале истиқлоли худро нигаҳ дошт ва пои шуми сипоҳи манғитиён ба Ванҷзамин нарасид.
Тафсилоти иловагӣ дар бораи лаҳзаҳои ниҳоии хонигарии мустақили Дарвоз низ дар ҳамин гузориши Кузнецов сабт шудааст. Тибқи маълумоти ӯ, дар арафаи суқут, аз тамоми қаламрави собиқи хонигарӣ ба охирин Шоҳи Дарвоз — Сераҷетдин — танҳо чанд мулки марказӣ, аз ҷумла худи Ванҷ, боқӣ монда буд:
''«...послѣднему дарвозскому Ша Сераджетдину принадлежали только Кала-и-Хумбъ, Ванчъ, Язулемъ, всѣ амилякдарства лѣваго берега Пянджа съ Хагономъ включительно, Хуллезъ и Вахія.»''
Тарҷума: ''«...ба охирин Шоҳи дарвозӣ Сироҷидин танҳо Қалъаи Хумб, Ванҷ, Язғулом, тамоми амлокдориҳои соҳили чапи Панҷ то Ҳагонро (Деҳагон, Деҳхагон) дар бар гирифта, инчунин Хулоз ва Вахё тааллуқ доштанд»''.<ref name="ref56">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 5.</ref> Ва ҳангоме ки соли 1878 сипоҳи бухороӣ бо сарварии Худойназар-Атолиқ ногаҳон ба Қалъаи Хумб наздик шуд, Сироҷидин-Шоҳ бидуни ҷанг таслим гардид, вале роҳи гурези худро маҳз аз тариқи Ванҷ интихоб намуд:
''«Сераджетдинъ-Ша сдалъ крѣпость безъ бою, а самъ бѣжалъ черезъ Ванчъ въ Кокандъ къ Худаяръ-хану.»''
Тарҷума: ''«Сироҷидин-Шоҳ қалъаро бидуни ҷанг таслим кард, худаш бошад, аз тариқи Ванҷ ба Қӯқанд, назди Худоёрхон гурехт»''.<ref name="ref57">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 6.</ref>
Соли 1895 бекигарии Дарвоз, ки дар ҳар ду канораи рӯди Панҷ қарор дошт, дар паи ҷаҳонгириҳои Русия ва Британия дупора гардид: канораи рост ба аморати Бухоро ва канораи чап ба Афғонистон дода шуд.<ref name="ref58">Постников А. В. Схватка на «Крыше Мира»: политики, разведчики и географы в борьбе за Памир в XIX веке. --- М.: Памятники исторической мысли, 2001. --- 416 с. --- ISBN 5-88451-100-0.</ref>
Ванҷ то соли 1920 амлокдории Қалъаи Ванҷи бекигарии Дарвози аморати Бухоро буд. Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 Ванҷ аз соли 1920 то 1924 чун тумани Ванҷ дар ҳайати вилояти Ғарми [[Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро]] ҷой дошт. Солҳои 1925-1926 Ванҷ чун ҷузъи тумани Қалъаихумби вилояти Ғарми ҶМШС Тоҷикистон ҳисоб меёфт. Солҳои 1926-1930 волости Ванҷ дар ҳайати ВМКБ буд. Солҳои 1930-1933 Ванҷ чун қисми ҳудуди ноҳияи Қалъаихумб бевосита дар тобеъияти ҷумҳурӣ буд.
Тибқи Қарори Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон аз 29 майи соли 1933, №46 расман ноҳияи Ванҷ таъсис ёфта, то соли 1937 дар тобеъияти бевоситаи ҷумҳурӣ қарор дошт. Дар асоси Қарори Президиуми КИМ-и Шӯроҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 августи соли 1937, №43 ноҳияи Ванҷ бо ҳамаи деҳшӯроҳояш: Ванҷ, Водхуд, Рованд, Техарв, Жовуд ва Язғулом расман ба ҳайати ҳудудии ВМКБ гузаронида шуд. Бино бар ин, ноҳияи Ванҷ ҳамчун воҳиди маъмурӣ дар ҳайати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 11 августи соли 1937 ташаккул ёфтааст.
{| class="wikitable"
!'''Ҷадвали 2. Таҳаввулоти маъмурию ҳудудии Ванҷ (то соли 1878 – соли 1937)'''
|-
|'''Марҳилаи таърихӣ'''
|'''Мақоми маъмурию ҳудудӣ'''
|'''Тобеияти давлатӣ/минтақавӣ'''
|-
|То соли 1878
|Мухторияти комил / Иттиҳод бо Дарвоз
|Идоракунии мустақил таҳти сарварии шоҳ
|-
|1878-1920
|Амлокдории Қалъаи Ванҷ
|Бекигарии Дарвоз, Аморати Бухоро
|-
|1920-1924
|Тумани Ванҷ
|Вилояти Ғарми Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро
|-
|1925-1926
|Ҷузъи тумани Қалъаихумб
|Вилояти Ғарми ҶМШС Тоҷикистон
|-
|1926-1930
|Волости Ванҷ
|Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
|-
|1930-1933
|Қисми ноҳияи Қалъаихумб
|Тобеияти бевоситаи ҶШС Тоҷикистон
|-
|29 майи 1933
|Ноҳияи Ванҷ (таъсиси мустақил)
|Тобеияти бевоситаи ҶШС Тоҷикистон
|-
|11 августи 1937
|Ноҳияи Ванҷ бо 6 деҳшӯро
|Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ)
|}
Дар нимаи солҳои 1950-ум сиёсати муҳоҷиркунонии аҳолии кӯҳистон ба водиҳои пахтакор ба Ванҷ низ бетаъсир намонд: соли 1954 сокинони водии Язғулом ба ноҳияи Куйбишеви водии Вахш кӯчонида шуданд. Гармои тоқатфарсо, беморшавии оммавӣ ва фавти зиёди кӯдакон ин муҳоҷиратро барои кӯчидагон фоҷиабор гардонд ва бахши зиёди онҳо тадриҷан ба зодгоҳи худ баргаштанд, ҳарчанд на ҳама; як ҷамоаи язғуломизабон то имрӯз дар водии Вахш боқӣ мондааст.<ref name="ref59">[https://iling-ran.ru/web/ru/scipop/blog/1911_edelman Из полевых записей середины прошлого века. Об экспедициях в язгулямский язык в 1950-х гг.] (рус.) // Сомонаи Пажӯҳишгоҳи забоншиносии Академияи илмҳои Русия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="ref60">[http://field-ling.moscow/c/language/yazghulami/ Язгулямский язык] (рус.) // Экспедиции Московской школы полевой лингвистики. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="ref61">Астрономические знания язгулемцев (рус.) // Восток (Oriens). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Осори таърихӣ ==
Дар қаламрави Ванҷ мавзеъ, осор ва ёдгориҳои таърихии бисёр вуҷуд доранд, вале то ҳол таҳқиқоти шоистае дар ин росто анҷом наёфтааст. Тибқи омори соҳаи сайёҳии ВМКБ, дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ ба ҳолати соли 2024 15 ёдгории таърихию фарҳангӣ ба қайд гирифта шудааст.<ref name="ref62">[https://ctd.tj/2024/03/30/%D1%85%D0%B0%D0%B1%D0%B0%D1%80-%D0%B0%D0%B7-%D2%B7%D0%B0%D2%B3%D0%BE%D0%BD-%D0%B0%D0%B7-%D1%82%D0%B0%D0%B1%D0%B8%D0%B0%D1%82-%D0%B1%D0%B0-%D1%81%D0%B0%D0%BD%D1%8A%D0%B0%D1%82%D0%B8-%D0%B8%D0%BD/ Аз табиат ба санъати инсонӣ: 7 муъҷизаи нави ҷаҳонӣ номида шуд] // Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30 марти 2024. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Барои дарки мантиқи ҷойгиршавӣ ва моҳияти ин осор, бояд заминаи таърихию сиёсии ташаккули онҳоро дарк намуд. Бино бар маълумоти таърихномаҳои асримиёнагӣ, дар садаҳои VII-VIII қаламрави кунунии Ванҷ ҷузъи вилояти таърихии Кумед буд, ки болооби дарёи Вахшро фаро гирифта, сарзамини имрӯзаи ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ва шимоли Бадахшонро дар бар мегирифт.<ref name="ref63">[[Таърихи Тоҷикистон]] // Википедиа. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Баъдтар, дар асрҳои миёна, Ванҷу Дарвоз як сарзамини воҳидро ташкил дода, бо номи ''«Курон»'' ёд мешуданд, ки маркази он деҳаи кунунии Кеврон будааст.<ref name="ref64">Таърихи шаҳр // Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Маҳз дар ин заминаи қадимии сиёсӣ, ки бо мустақилияти нисбии маҳаллӣ ва хатари доимии ҳуҷумҳои беруна тавсиф мешуд, эҳтиёҷ ба бунёди қалъаҳои мустаҳкам ба миён омад.
Пеш аз тавсифи муфассали Мушкетов, қадимтарин шаҳодати мустанади русиро дар бораи ин қалъа низ капитан Кузнецов дар гузориши соли 1892-и худ сабт кардааст. Ӯ зимни тавсифи амлокдории Ванҷ чунин навиштааст:
''«Ванчское амилякдарство расположено по р. Ванчъ и частью по правому берегу р. Пянджъ. Мѣстопребываніе амилякдара кишлакъ Кала-и-Рохарвъ (на нашихъ картахъ Кала-и-Ванчъ); имѣется небольшая крѣпостца.»''
Тарҷума: ''«Амлокдории Ванҷ дар канори дарёи Ванҷ ва қисман дар соҳили рости дарёи Панҷ ҷойгир аст. Маҳалли иқомати амлокдор рустои Қалъаи Рохарв аст (дар харитаҳои мо — Қалъаи Ванҷ); дар он қалъачаи хурде мавҷуд аст»''.<ref name="ref65">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 79.</ref>
Ин иттилои Кузнецов, ки бисту се сол пеш аз тавсифи муфассали Мушкетов сабт шудааст, собит месозад, ки номи ''«Қалъаи Ванҷ»'' барои Рохарв аллакай дар харитаҳои расмии охири асри XIX ба кор мерафт ва Рохарв аз ҳамон замон ҳамчун маркази маъмурии амлокдории Ванҷ шинохта мешуд.
Қалъаи Ванҷ дар баландии соҳили рости Ванҷоб, дар масофаи 15 км аз резишгоҳи он ба дарёи Панҷ воқеъ гашта буд. Мавқеъияти ин қалъа аз нигоҳи ҳарбию стратегӣ бисёр созгор будааст ва ба муҳофизонаш имкон медодааст, ки муддати тӯлонӣ аз худ дифоъ кунанд. Тавсифи илмии Рохарв ва қалъаи онро ҳанӯз соли 1916 узви Ҷамъияти ҷуғрофии Русия Д. И. Мушкетов интишор додааст.<ref name="ref5" /> Дар мақолаи худ, ки натиҷаи боздиди шахсии ӯст, Мушкетов мавқеи стратегии Рохарвро чунин тавсиф кардааст:
''«Административнымъ центромъ Ванча всегда былъ и есть базарный кишлакъ Рохаръ (или Рохарвъ) въ 40 дворовъ, расположенный на правомъ берегу рѣки, въ двадцати верстахъ выше ея устья, на высотѣ 5.950 футъ, у моста, ведущаго къ перевалу Гушхонъ, запирая собой, слѣдовательно, единственный конный путь на Язгулемъ, Рошанъ и Памиръ. Это важное стратегическое положеніе и было использовано древними '<nowiki/>'''правителями Ванча – «Шо», воздвигнувшими здѣсь крѣпость (Кала-и-Ванчъ) и избравшими ее для своей резиденціи.»'''''
Тарҷума: ''«Маркази маъмурии Ванҷ ҳамеша рустои бозории Рохар (ё Рохарв) буд ва то ҳол ҳамин аст – бо 40 хонавода, дар соҳили рости дарё, дар бисту версти болотар аз резишгоҳи он, дар баландии 5950 қадам, назди пуле, ки ба ағбаи Гушхон мебарад, ва бо ин васила ягона роҳи аспсаворро ба Язғулом, Рӯшон ва Помир мебандад. Маҳз ҳамин мавқеи муҳими стратегӣ буд, ки ҳокимони қадимии Ванҷ – «Шоҳ»-ҳо – истифода бурда, дар ин ҷо қалъа (Қалъаи Ванҷ) бино карданд ва онро барои худ қароргоҳ интихоб намуданд»''.<ref name="ref66">Мушкетов Д. И. Рохаръ (Кала-и-Ванчъ). --- Петроградъ: Типографія М. М. Стасюлевича, 1916. --- (Отдѣльный оттискъ изъ тома LII (1916 г.) Извѣстій Императорскаго Русскаго Географическаго Общества № 876). --- С. 7.</ref> Мушкетов инчунин интихоби маҳалли қалъаро аз нигоҳи амниятӣ шарҳ додааст:
''«Мѣсто выбрано весьма хорошо и удобно, на возвышеніи, съ котораго открытый видъ во всѣ стороны, и долина Ванча, какъ на ладони; рѣка отъ стѣнъ крѣпости въ 3 қулочяхъ, но для обезпеченности водоснабженія имѣлся къ ней подземный ходъ; невдалекѣ, на луговинѣ у рѣки, имѣется прудикъ, наполняемый ключемъ теплой, солоноватой воды, предоставляющій идеальное купанье.»''
Тарҷума: ''«Ҷой хеле хуб ва мувофиқ интихоб шудааст, дар баландие, ки аз он манзараи кушода ҳар тараф дида мешавад ва тамоми водии Ванҷ мисли кафи даст намоён аст; дарё аз деворҳои қалъа дар масофаи 3 қулочӣ ҷой дорад, вале барои таъмини бехатари обтаъминкунӣ роҳи зеризаминӣ ба он вуҷуд дошт; дар наздикӣ, дар марғзори лаби дарё, ҳавзчае ҳаст, ки аз чашмаи оби гарму намакини он пур мешавад ва барои шиноварии беҳамто мувофиқ аст»''.<ref name="ref66" /> Дар бораи сохти худи қалъа Мушкетов навиштааст:
''«Постройка, конечно, глинобитная, но довольно массивная, со стѣнами до 4 қулочей высотой, обнесенными съ трехъ сторонъ рвомъ, съ бойницами и пятью угловыми башнями. Внутреннія перегородки частью деревянныя, равно какъ и колонны, балки и двери, тонкой, старинной рѣзной работы.»''
Тарҷума: ''«Бино, албатта, гилину похсагин, валекин бисёр мустаҳкаму матин аст, бо деворҳои баланди чаҳорқулоча, ки аз се сӯйи он, хандақе бар гирди он кандаанд, бо тиркашҳову бурҷҳои панҷгонаи кунҷӣ. Деворҳои миёнгини дохилӣ, қисман, чӯбинанд, ҳамчунин, сутунҳову болорҳову дарҳои он, ки бо кандакории нафису куҳан оростаанд»''.<ref name="ref66" />
Мушкетов санаи боздиди худ ва оғози кашидани нақшаи қалъаро низ қайд кардааст: ''«Многое уже разрушено (мое посѣщеніе относится къ 11 іюля 1905 г.), но общее расположеніе еще сохранилось и я, пользуясь обстоятельными поясненіями почтеннаго шейха-токсабы Ванча, снялъ планъ всей крѣпости»'' (тарҷума: ''«Бисёр чиз аллакай хароб шудааст (боздиди ман ба 11 июли соли 1905 рост меояд), вале тартиби умумӣ то ҳол нигоҳ дошта шудааст ва ман, бо истифода аз тавзеҳоти муфассали шайх-тӯксабои эҳтиромноки Ванҷ, нақшаи тамоми қалъаро кашидам»'').<ref name="ref66" />
Нақшаи қалъа, ки Мушкетов кашидааст, 27 ҳуҷраву қисми қалъаро бо рақам нишон медиҳад, ки шарҳи онҳо чунин аст:<ref name="ref66" />
Ур - обдорхона
Дарвозахона – ҳуҷраи нигаҳбонону дарбонон
Ҳуҷраи навкарҳо
Бадарравхона – ҳоҷатхона
Долон – ҳавлии аспҳо
Ахтахона – оғилхона, ва болои он анборхонаи алаф
Пештоқ – гузаргоҳи пӯшида
Фаррошхона – ҳуҷраи сайисон
Пештоқи дуюм (баландии 3 қулоч)
Гулгунхона – ҳуҷраи пазириши меҳмонон
Ҳуҷраи худи шоҳ
Қӯрғон – сарбозхона (харобшуда)
Ғуломгардиш – долони мамониаткунандаи дидани занони дар боғ гардандагӣ
Ошхона – ошхона
Роҳрав – долон
Ғуломгард – гузаргоҳ ба қисми занона
Хазина – ҳуҷраи хазинадорӣ
Ҳаммом – ҳаммом
Пештоқи занона
Ҳуҷраи зани шоҳ – тобистона
Ҳуҷраи зани шоҳ – зимистона
Тӯпхона – манора
Рӯйи ҳавлӣ – ҳавлии пӯшида
Ҳарам (харобшуда)
Анборхона (болои ҳуҷраи 16)
Манора – ҳоло ҳуҷраи меҳмонон – меҳмонхона
Оғози роҳи зеризаминӣ ба сӯи дарё
Дар масофаи як версти болотари Рохар, дар канори роҳ, Мушкетов ду гӯри қадимиро низ ба қайд гирифтааст: ''«Въ верстѣ выше Рохара по долинѣ, около дороги, двѣ древнихъ гробницы съ фигурными стѣнами, имѣющими какое-то отношеніе къ крѣпости; интересно, что на могильномъ шестѣ, помимо обычныхъ куска матеріи и конскаго хвоста (на боковой перекладинѣ), сверху помѣщены изображенія сложенной руки (ладони) и голубя»'' (тарҷума: ''«Дар як версти болотар аз Рохар, дар паҳлӯи роҳ, ду гӯри қадимӣ бо деворҳои нақшдор ҳастанд, ки бо қалъа алоқаи муайяне доранд; ҷолиб ин аст, ки бар болои чӯби қабр, ба ғайр аз пораи матоъ ва думи асп (дар чӯби паҳлӯӣ)-и маъмулӣ, тасвири дасти гирдкардашуда (кафи даст) ва кабутар низ гузошта шудааст»'').<ref name="ref66" />
Ба ғайр аз ин, Мушкетов дар поварақи худ ёдовар шудааст, ки ягона роҳи воридшавӣ ба водӣ аз тарафи Панҷ низ бо қалъаи хурди дигаре мустаҳкам карда шуда буд: ''«Этотъ единственный выходъ кромѣ того очень искусно былъ загражденъ небольшой крѣпостцей, остатки которой еще видны на изолированномъ холмѣ въ устьѣ Ванча»'' (тарҷума: ''«Ин ягона баромадгоҳ аст, илова бар ин, хеле моҳирона бо қалъачаи хурде масдуд шуда буд, ки бақоёи он то ҳанӯз дар теппаи ҷудоуфтодаи резишгоҳи Ванҷ ҳувайдоанд»'').<ref name="ref67">Мушкетов Д. И. Рохаръ (Кала-и-Ванчъ). --- Петроградъ, 1916. --- Тавзеҳот, №4.</ref>
Тибқи мушоҳидаи ӯ, қалъа бевосита дар масири корвонрав ба сӯи ағбаи Гишхун қарор дошт, ки тавассути он роҳи корвонӣ ба водии Язғулом ва аз он ҷо ба самти баландкӯҳҳои Помир мерасид.<ref name="ref68">[https://poxod.ru/guidebook/darvaz/p_darvaz_dolinarekivagdm_a.html Долина реки Ванч] // Свободный туризм (poxod.ru). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Пеш аз он ки Мушкетов худ соли 1905 аз қалъа боздид кунад, тавсифи мухтасартаре аз он – тахминан 13 сол пештар – аллакай ба қалами А. А. Семёнов тааллуқ дошт, ки соли 1898 шахсан аз қалъа дидан кардааст:
''«Въ низовьи р. Ванджа лежитъ самый значительный кишлакъ долины, Кал'аи-Ванджъ, или Кал'аи-Рохарвъ (крѣпость Ванджа, крѣпость Рохарвъ). Укрѣпленіе въ немъ до сихъ поръ на обрывистомъ берегу довольно хорошо сохранилось. Стѣны крѣпости–мѣстами глинобитныя, мѣстами сложены изъ кирпичей и камней. По бокамъ лицевой стороны крѣпости–двѣ полуразрушенныхъ зубчатыхъ башни.»''
Тарҷума: ''«Дар поёноби рӯди Ванҷ бузургтарин рустои водӣ ҷойгир аст – Қалъаи Ванҷ, ё Қалъаи Рохарв (қалъаи Ванҷ, қалъаи Рохарв). Истеҳкоми он то ба имрӯз дар соҳили баланди дарё нисбатан хуб нигоҳ дошта шудааст. Деворҳои қалъа ҷо-ҷо аз гил, ҷо-ҷо аз хишти пухтаву санг сохта шудаанд. Аз ду тарафи рӯи қалъа ду манораи нимвайрони дандонадор қарор доранд»''.<ref name="ref69">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 8.</ref> Муҳимтар аз ҳама, Семёнов санаи тахминии бунёди қалъа ва номи бинокори онро сабт кардааст – маълумоте, ки то кунун дар ягон манбаи дигари дастраси мақола наомадааст:
''«Крѣпость, по преданію, была построена лѣтъ двѣсти тому назадъ дарвазскимъ ханомъ, Азиз-Ханомъ, и, вѣроятно, не разъ служила хорошую службу ея защитникамъ во времена независимаго Дарваза. Теперь въ ней живетъ амлякдаръ (начальникъ округа) долины Вандж.»''
Тарҷума: ''«Қалъа, тибқи ривоят, тахминан дусад сол пеш аз ҷониби хони дарвозӣ – Азиз-Хон – бино ёфтааст ва эҳтимол, борҳо ба муҳофизони худ дар давраи истиқлолияти Дарвоз хидмати шоиста кардааст. Ҳоло дар он амлокдор (сарвари ноҳия, яъне шоҳ)-и водии Ванҷ зиндагӣ мекунад»''.<ref name="ref70">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 8--9.</ref> Азбаски китоб соли 1903 нашр шуда ва мушоҳидаи муаллиф соли 1898 сурат гирифтааст, ин ривоят санаи бунёди қалъаро тахминан ба солҳои 1698-1700 рабт медиҳад.
Семёнов инчунин ду навиштаи девории қалъаро айнан нусхабардорӣ кардааст: як байти форсӣ дар бораи гардиши бераҳмонаи рӯзгор, ва як ёдгории русии сайёҳони соли 1896 – ''«Прибылъ разъѣздъ 25 числа августа за старшаго общивкй Яковъ. Черновъ. и джигить Николай Каплун и перевочикъ Ашурбай. 1896 года»'' (тарҷума: ''«Гурӯҳи саворагон 25 августи соли 1896 омаданд: сардор Яков Чернов, ҷигит Николай Каплун ва тарҷумон Ашурбой»'').<ref name="ref70" />
Гумон меравад, ки дар тамоми ҳавзаҳои Бадахшон сукунати одамон ба як давраи таърихӣ мансуб будааст. Ёдгориҳои манзилӣ ва меъмориву мудофеавии асримиёнагии ғарби Бадахшон, ки дар деҳаи Баравни ҷамоати деҳоти Водхуд воқеанд ва аз ҷиҳати амнияти ҳарбӣ бисёр муносибу побарҷоянд, бо камоли таассуф, то кунун таҳқиқи шоиста нашудаанд.
Нақшу нигораҳои рӯйи харсангҳои водии Язғулом, ки дар деҳаҳои Жамаг, Андарбоғ ва Мотравн ба даст омадаанд, агарчи ҳанӯз комилан омӯхта нашудаанд, гувоҳи муътамаде аз ҳузури мардум ва сукунати онон аз замонҳои бостонӣ дар ин минтақа ҳастанд. Дар байни ин сангнигораҳо, ки ба навъи умумии петроглифҳои Помиру Бадахшон шабоҳат доранд, тасвири нахчир (бузи кӯҳӣ бо шохҳои калон), саҳнаҳои шикор бо камон, рамзҳои офтобӣ ва изи дасту пойи инсон бештар вомехӯранд; дар мифологияи мардумони эронитабор бузи кӯҳӣ рамзи покиву ҳосилхезӣ ва иртибот бо олами боло дониста мешавад.<ref name="ref62" />
Дар қаламрави Ванҷ, ба монанди дигар минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон, сағонаҳо ва дахмаҳои сангии куҳан низ аз насл ба насл боқӣ мондаанд, ки далели ошкори таърихи чандҳазорсолаи ин сарзамин мебошанд. Чунин иншооти дафнӣ, ки дар ҷойҳои махсуси сангӣ, дар баландиҳо ё ғорҳо бунёд меёфтанд, эҳтимолан боқимондаи анъанаҳои дафнии пешазисломӣ мебошанд; тибқи баъзе оинҳои қадими маҳаллӣ (аз ҷумла эътиқодоти наздик ба дини зардуштӣ), ҷасади фавтида набояд бо унсурҳои муқаддаси табиат – хок, об ё оташ – тамос мегирифт.<ref name="ref62" /> Ҳарчанд имрӯз тамоми аҳолии ноҳия мусулмони суннии ҳанафимазҳабанд ва расму оини дафни исломиро ба таври қатъӣ риоя мекунанд, мавҷудияти ин сағонаву дахмаҳо аз як давраи гузариши тӯлонии фарҳангӣ ва қабатҳои гуногуни динию эътиқодӣ дар минтақа хабар медиҳад.
Ёдгориҳои бостонии Помири Ғарбӣ, аз ҷумла мавзеъҳои қаламрави Ванҷ, дар силсилаи бунёдии ''«Харитаи бостоншиносии Тоҷикистон»'' – муҷаллади марбут ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки бостоншинос М. А. Бубнова таълиф намудааст ва ёдгориҳои давраи сангро то садаи XX фаро мегирад, – ба қайд гирифта шудаанд.<ref name="ref71">Бубнова М. А. Горно-Бадахшанская автономная область. Западный Памир (памятники каменного века --- XX в.). --- Душанбе, 2008. --- (Археологическая карта Таджикистана).</ref>
Илова бар ёдгориҳои меъморӣ ва дафнӣ, мероси беназири саноатии Ванҷ – боқимондаҳои кӯраҳои қадимии оҳангудозӣ (домнитсаҳо) – низ бахши муҳими осори таърихии ноҳия ба шумор мераванд. Тибқи маълумоти иқтисоддон И. Е. Ходоров, ки соли 1929 таҳлилҳои М. С. Андреевро дар бораи ин ҳунар тасдиқ ва иқтибос овардааст, дар боварҳои мардумии ванҷиён металли ҳосили ин кӯраҳо на танҳо арзиши истеҳсолӣ, балки хосияти шифобахш низ дошт: маҳсули онро ''«барои табобати ҳар гуна бемориҳо пешбинӣ карда, ба ҷойи дардманд мегузоштанд»''.<ref name="ref53" /> Ин боварҳо нишон медиҳанд, ки осори саноатии Ванҷ бо мероси ғайримоддӣ ва эътиқодоти мардумӣ пайванди зич доштааст, ва имрӯз боқимондаҳои ин кӯраҳо, харобаҳои коргоҳҳо ва партовҳои маъданӣ (шлакҳо) дар дараҳои Ванҷ метавонанд ҳамчун мавзеи нодири ''«бостоншиносии саноатӣ»'' мавриди пажӯҳиши минбаъда қарор гиранд.
Сарчашмаи аввалини сабти илмии ин ҳунар – 23 сол пеш аз рисолаи Андреев (1926) – низ ба Семёнов тааллуқ дорад:
''«Богатыя залежи желѣзной руды въ верховьяхъ р. Ванджа даютъ горцамъ Ванджской долины неисчерпаемый матеріалъ для различнаго рода желѣзныхъ издѣлій, которыя удовлетворяютъ самымъ разнообразнымъ требованіямъ домашняго обихода горныхъ таджиковъ и потому расходятся изъ этой огромной кузницы, какова долина Ванджа, по всему Дарвазу, Каратегину и Язгуляну, проникая даже въ отдаленные и трудно достижимые уголки Рошана, Шугнана и Вахана.»''
Тарҷума: ''«Захираҳои фаровони маъдани оҳан дар болооби рӯди Ванҷ ба кӯҳистониёни водии Ванҷ маводи беохири намудҳои гуногуни маснуъоти оҳанӣ медиҳанд, ки эҳтиёҷоти гуногуни рӯзгори тоҷикони кӯҳӣ қонеъ мегардонанд ва аз ин кӯрахонаи азим, яъне водии Ванҷ, ба тамоми Дарвозу Қаротегину Язғулом паҳн мешаванд, ҳатто ба гӯшаҳои дурдасту дастнораси Рӯшону Шуғнону Вахон низ ворид мегарданд»''.<ref name="ref72">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 62.</ref>
Семёнов инчунин номи мушаххаси деҳаеро сабт кардааст, ки дар он раванди коркарди оҳанро шахсан мушоҳида намудааст: ''«Самый способъ добыванія желѣза намъ пришлось наблюдать во кишлакѣ Сытаргъ, на Ванджѣ»'' (тарҷума: ''«Худи усули истихроҷи оҳанро мо тавонистем дар рустои Старғ, дар Ванҷ, мушоҳида кунем»'').<ref name="ref72" /> Ӯ ҳамчунин тавсифи мубодилаи тиҷоратии маснуоти оҳании Ванҷро бо минтақаҳои ҳамсоя овардааст: ''«Эти издѣлія находять большой сбыть на рынкахъ Кал'аи-Хума и въ сосѣднихъ долинахъ: Язгуляна и Оби-Хингоу, причемъ продажа на деньги совершается очень рѣдко; обыкновенно вещи мѣняются на тѣ, которыя необходимы таджикамъ Ванджа»'' (тарҷума: ''«Ин маснуъот дар бозорҳои Қалъаи Хум ва водиҳои ҳамсоя – Язғулому Оби Хингов – фурӯши хубе меёбанд, вале фурӯш ба пул хеле кам сурат мегирад; одатан молҳо ба он чизҳое иваз мешаванд, ки барои тоҷикони Ванҷ зарур аст»'').<ref name="ref73">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 64.</ref>
== Мардум ==
Аксарияти аҳолии ноҳия тоҷиконанд; инчунин теъдоди ангуштшумори русҳо ва намояндагони халқҳои дигар низ зиндагӣ мекунанд. Аҳолии ноҳия аз рӯи диёнат мусулмони суннии ҳанафимазҳабанд.<ref name="ref1" />
Мардумшиноси рус Л. Ф. Моногарова дар пажӯҳиши бунёдии худ доир ба таркиби қавмии ВМКБ, дар бораи гузаштаи қавмии ванҷиён чунин навиштааст:
''«В прошлом из припамирских народностей наиболее тесно соприкасались с горными таджиками ванчцы (правильнее ванджи), коренное население долины р. Ванч (Вандж), входившей в Бухарский эмират. Духовенство эмирата проводило насильственное обращение в суннизм всех, исповедовавших другую религию. Под влиянием суннитской идеологии у ванчцев изменились общественные и семейные взаимоотношения, моральные нормы, бытовой уклад в целом. Постепенное экономическое и культурное сближение ванчцев с таджиками привело к утрате ванчцами своего родного языка, замене его таджикским (ванчским или ванджским говором таджикского языка), а в конечном итоге к слиянию ванчцев с таджиками. Население остальных районов республики считает ванчцев таджиками. «Судя по некоторым признакам, „ванджский язык“, входя в северную подгруппу памирских языков, наиболее тесно примыкал к язгулемскому языку» [32, 131].»''
Тарҷума: ''«Дар гузашта, аз миёни халқиятҳои помирӣ, ванҷиён (дурусттараш — ванҷӣ), аҳолии бумии водии дарёи Ванҷ (Вандж), ки ҷузъи аморати Бухоро буд, бештар аз ҳама бо тоҷикони кӯҳистонӣ дар тамос буданд. Рӯҳониёни аморат нисбат ба ҳамаи пайравони дигар эътиқодҳо табдили ҷабрии мазҳаби суннӣ мегузарониданд. Таҳти таъсири мазҳаби суннӣ дар байни ванҷиён муносибатҳои ҷамъиятиву оилавӣ, меъёрҳои ахлоқӣ ва тарзи зиндагӣ дар маҷмуъ тағйир ёфтанд. Наздикшавии тадриҷии иқтисодиву фарҳангии ванҷиён бо тоҷикон боиси аз даст рафтани забони модарии ванҷиён гардид: он бо забони тоҷикӣ (гӯиши ванҷии забони тоҷикӣ) иваз шуд ва дар ниҳоят ба омезиши ванҷиён бо тоҷикон анҷомид. Аҳолии дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ ванҷиёнро тоҷик мешуморанд. «Бино бар баъзе аломатҳо, „забони ванҷӣ“, ки ба зершохаи шимолии забонҳои помирӣ дохил мешуд, аз ҳама наздиктар ба забони язғуломӣ буд» [32, 131].»''.<ref name="ref74">Моногарова Л. Ф. Этнический состав и этнические процессы в Горно-Бадахшанской автономной области Таджикской ССР // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 185–186.</ref>
Дар бораи мазорҳои муқаддаси эҳтиромшавандаи Ванҷ дар охири асри XIX, капитан Кузнецов чунин сабт кардааст:
''«Населеніе Дарвоза не отличается особой набожностью и имѣетъ весьма малое число молитвенныхъ домовъ–мечетей, по за то въ Дарвозѣ есть нѣсколько могилъ святыхъ, весьма почитаемыхъ жителями. Наибольшимъ почитаніемъ отличаются могилы: Хазретъ-и-Бурхъ на р. оби-Мазаръ, Пой-Мазаръ-Хазретъ-Садыръ-Сеибъ въ верховьяхъ р. Ванчъ и Ходжа-и-Миратбашъ-Султанъ-Сеидъ на сѣверномъ склонѣ Дарвозскихъ горъ, противъ кишлака Кальпъ.»''
Тарҷума: ''«Аҳолии Дарвоз бо диндории хосае фарқ намекунад ва шумораи хонаҳои ибодат — масҷидҳо — дар он хеле кам аст, вале дар ивазаш, дар Дарвоз якчанд мазори авлиё ҳаст, ки сокинон онҳоро сахт эҳтиром мекунанд. Бештарин эҳтиромро мазорҳои зерин доранд: Ҳазрати Бурх дар канори дарёи оби-Мазор, дар Пойи Мазор - ҳазрати Садр-соҳиб дар болооби дарёи Ванҷ ва Хоҷаи Муродбошӣ Султонсаъид дар нишеби шимолии кӯҳҳои Дарвоз, рӯ ба рӯи рустои Калп»''.<ref name="ref75">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 65.</ref>
Бар асоси омори саршумории саросарии [[Иттиҳоди Шӯравӣ]] аз соли 1939, аҳолии Ванҷ 9218 нафар буд: 9031 нафарашон ванҷиёни бумӣ, 134 нафар – рус, 6 нафар – тотор, 5 нафар – узбак ва 1 нафар – қазоқ.<ref name="ref76">Всесоюзная перепись населения 1939 года. Национальный состав населения районов, городов и крупных сёл союзных республик СССР: Ванчский район (рус.) // Демоскоп Weekly. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Бино ба омори соли 1979 аҳолии Ванҷ 15 855 нафар ва тибқи омори 1992 – 22 700 нафарро ташкил медод. Тибқи маълумоти расмӣ, соли 2009 дар ноҳия 30 700 нафар зиндагӣ мекард ва тамоми аҳолии он деҳотист.<ref name="ref3" /> Тибқи омори соли 2024 аҳолии Ванҷ ба 35 400 нафар расид. Бар асоси муқоисаи ин ду омор метавон чунин натиҷагирӣ кард, ки тайи 85 сол суръати миёнаи афзоиши солонаи аҳолии Ванҷ тақрибан 1,6 % будааст. Мардуми водии Язғулом ҳиссаи назарраси аҳолии ноҳияро ташкил медиҳанд.
Азбаски беш аз 90 дарсади масоҳати умумии ноҳия (4430,5 км²)-ро лозурҳо, қуллаҳои баландкӯҳ ва нишебиҳои санглохи корношоям фаро мегиранд, зичии расмии аҳолӣ (тақрибан 7,7-8 нафар дар як километри мураббаъ) манзараи воқеии ҷойгиршавии аҳолиро пурра инъикос намекунад – амалан тамоми сокинон дар як рахи танги қад-қади дарёҳои Ванҷобу Язғулом мутамарказ шудаанд.<ref name="ref3" /> Ин номутаносибии шадид миёни рушди табиии аҳолӣ ва маҳдудияти мутлақи заминҳои корам (соли 2012 ҳамагӣ 1381 гектар, баъдан бо азхудкунии заминҳои нав ба 2601 гектар расида)<ref name="ref3" /> яке аз сабабҳои асосии муҳоҷирати меҳнатии ноҳия маҳсуб мешавад (ниг. бахши ''«Муҳоҷирати меҳнатӣ»'').
{| class="wikitable"
!'''Ҷадвали 3. Динамикаи шумораи аҳолӣ (ҳазор нафар), 1939-2013'''
|-
|'''сол'''
|'''1939'''
|'''1979'''
|'''1992'''
|'''1995'''
|'''2000'''
|'''2002'''
|'''2003'''
|'''2004'''
|'''2005'''
|'''2006'''
|'''2007'''
|'''2008'''
|'''2009'''
|'''2011'''
|'''2012'''
|'''2013'''
|-
|шумора
|9,2
|15,9
|22,7
|28,4<ref name="ref47" />
|28,5<ref name="ref47" />
|28,3<ref name="ref47" />
|29,9<ref name="ref47" />
|30,1<ref name="ref47" />
|28,8<ref name="ref47" />
|30,3<ref name="ref47" />
|33,4<ref name="ref47" />
|29,7<ref name="ref47" />
|30,7<ref name="ref3" />
|30,8
|31,1
|31,3
|}
{| class="wikitable"
!'''Ҷадвали 4. Динамикаи шумораи аҳолӣ (ҳазор нафар), 2014-2024'''
|-
|'''сол'''
|'''2014'''
|'''2015'''
|'''2016'''
|'''2017'''
|'''2018'''
|'''2019'''
|'''2020'''
|'''2021'''
|'''2022'''
|'''2023'''
|'''2024'''
|-
|шумора
|31,7
|31,9
|32,4
|32,9
|33,6<ref name="ref77">Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2019 года. Сообщение Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан (рус.).</ref>
|34,1<ref name="ref77" />
|34,4<ref name="ref78">Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2020 года (рус.) // Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
|34,1
|34,4
|35,1
|35,4
|}
Барои солҳои 1995-2008 омори мазкур (арзиши ''«умумӣ»'', яъне аҳолии доимии сабтшуда) бар асоси таҳлили муфассали демографии Р. Масов ва Ҳ. Пирумшоев дар ''«Файзи истиқлол дар "Боми ҷаҳон"»'' (Душанбе, 2011, саҳ. 362-363) илова карда шуд. Барои солҳои 1992 ва 2009 бошад, бо мақсади нигоҳ доштани пайдарпаии рақамҳои аллакай сабтшуда аз сомонаи расмии badakhshon.tj, арзиши аслии қаблӣ боқӣ монд.
=== Фарҳанги моддӣ: либоси анъанавӣ ===
Дар шароити сарди кӯҳистони Ванҷу Бадахшон, дар гузашта истифодаи матоъҳои пашмину чармӣ бартарӣ дошт ва мероси бофандагии маҳаллӣ ба истеҳсоли матоъҳои худӣ бо рангҳои табиии гиёҳии кӯҳӣ асос меёфт.<ref name="ref79">Таҳқиқоти этнолингвистии лексикаи гӯйиши тоҷикони водии Ғорон // Диссертатсия. Санҷида шуд 24 июли 2026.</ref> Либоси занонаи суннатӣ асосан аз курта, эзор, пойафзол, сарбанд ва ороишоти гуногун иборат буд; таърихан ду намуди курта маъмул буд – куртаи якқади камартангу доманвасеъ, ки пиразанон мепӯшиданд, ва куртаҳои камзулчадор бо гиребони буғак (уфуқӣ буридашуда бо зеҳгулу гулдӯзӣ), ки духтарону арӯсон ба бар мекарданд.<ref name="ref80">[[Либоси миллии тоҷикон]] // Википедиа. Санҷида шуд 24 июли 2026.</ref> Дар минтақаи Бадахшон, аз ҷумла Ванҷу Язғулом, унсурҳои хоси либоси кӯҳистонӣ – тоқии мудаввар бо нақшҳои гулдӯзии дақику пӯпак ва ҷӯробҳои ғафси пашмин бо нақшҳои ҳандасии бисёрранг (нақши офтоб, шохи қӯчқор, чалипо ва ғайра) – то имрӯз аҳамияти худро гум накардаанд.<ref name="ref80" />
=== Фарҳанги моддӣ: манзил ва хоҷагии деҳот (тибқи маълумоти асри XIX) ===
Тавсифи қадимтарини хусусиятҳои хоси манзилу хоҷагии Ванҷ ба А. А. Семёнов (1898) тааллуқ дорад. Ӯ анборчаҳои хоси болои сутунро ба қайд гирифтааст: ''«На Ванджѣ и мѣстами по Пянджу встрѣчаются подъ хижинъ еще небольшіе, съ плоскими крышами, амбарчики (амбаръ) для хлѣба и разнаго скарба... они воткнуты надъ землею на четырехъ (подъ углами) камняхъ или столбахъ»'' (тарҷума: ''«Дар Ванҷ ва ҷо-ҷо дар Панҷ, наздики хонаҳо анборчаҳои хурди боми ҳамвор (амбор) барои нону дигар молу ашё вомехӯранд... онҳо болои замин, бар чор санг ё сутуни чоркунҷа гузошта шудаанд»'').<ref name="ref81">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 34.</ref>
Дар бораи нақшу нигори деворҳои хонаҳои Ванҷ низ маълумот овардааст: ''«По Сурхобу и Хингобу, Ванджу и Пянджу на стѣнахъ многихъ хижинъ попадаются и орнаменты въ видѣ пятенъ, различныхъ безпорядочныхъ линій или же въ видѣ дѣтски намалеванныхъ фантастическихъ деревьевъ»'' (тарҷума: ''«Дар канори Сурхобу Хингов, Ванҷу Панҷ дар деворҳои бисёр хонаҳо нақшу нигор ба шакли доғ, хатҳои бетартиби гуногун ё дарахтони хаёлии кӯдакона кашидашуда вомехӯранд»'').<ref name="ref82">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 36.</ref>
Хонаи тобистонаи хоси Ванҷ (''«чолёб»'') низ дар ин асар қайд шудааст: ''«По Ванджу и отчасти на Пянджу, кромѣ описанныхъ зимнихъ помѣщеній, встрѣчаются еще спеціальныя лѣтнія жилища (чолѣбъ), чего нѣтъ нигдѣ въ прочихъ мѣстахъ»'' (тарҷума: ''«Дар Ванҷ ва қисман дар Панҷ, ба ғайр аз хонаҳои зимистонаи тавсифшуда, боз хонаҳои махсуси тобистона (чолёб) вомехӯранд, ки дар ҷойҳои дигар вуҷуд надоранд»'').<ref name="ref83">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 44.</ref>
Ниҳоят, Семёнов камбизоатии заминҳои Ванҷ ва такягоҳи мардум ба дарахти туг (мевадиҳандаи табиъӣ)-ро тавсиф кардааст: ''«Мѣстами, какъ, напримѣръ, на Вахіо, на Ванджѣ и въ Дарвазъ по Пянджу, гдѣ природа бѣдна и преобладаетъ каменистая почва... существованіе населенія находится въ тѣсной зависимости отъ тута»'' (тарҷума: ''«Дар баъзе ҷойҳо, масалан дар Ваҳё, дар Ванҷ ва дар Дарвози канори Панҷ, ки табиат камбизоату хоки санглох бартарӣ дорад... мавҷудияти аҳолӣ ба тут вобастагии зич дорад»'').<ref name="ref84">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 56.</ref>
Дар ҳамин китоб, ду намунаи фолклори мардуми Ванҷ низ бори аввал сабт гардидаанд: масали ''«Инсон ва Мор»'' ва ҳикояи ''«Писари вазир»'', ки ҳарду аз забони як шахси мушаххас – Соҳибназар аз деҳаи Техарви болооби Ванҷ – навишта шудаанд: ''«Записано со словъ Сохиб-Назара, изъ кишлака Техарвъ, въ верховьяхъ р. Ванджа въ Дарвазѣ»'' (тарҷума: ''«Аз забони Соҳибназар, аз рустои Техарв, аз болооби рӯди Ванҷ дар Дарвоз, сабт шудааст»'').<ref name="ref85">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 99--100.</ref>
=== Расму оинҳои мотамӣ ===
Маросимҳои марбут ба давраҳои муҳими зиндагии инсон, аз ҷумла маросими мотаму дафн, дар Ванҷу Язғулом хусусиятҳои бениҳоят куҳан ва омехта аз эътиқодоти пешазисломию исломӣ (синкретӣ) то ба имрӯз нигоҳ доштаанд; ин расмҳо аз ҷониби мардумшиносони барҷаста, аз ҷумла М. С. Андреев, И. Л. Моногарова ва А. З. Розенфелд, мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд.<ref name="ref86">Расму оин ва анъанаҳо дар рӯзгори мардуми тоҷик мавқеи муҳим доранд // АМИТ «Ховар», сентябри 2017. Санҷида шуд 24 июли 2026.</ref> Дар ҷаҳонбинии мардуми кӯҳистон марг на анҷоми мутлақ, балки гузариш ба дунёи дигар ва оғози сафари нави рӯҳ дониста мешавад. Аз ҷумла, агар марҳум ҷавон бошад, барои гусели ӯ тобути махсусе бо матоъҳои равшану рангоранг (на сиёҳ) омода мекунанд, ки бо номи ''«гаҳвораи ноз»'' маъруф аст – ташбеҳи мустақими марг бо таваллуди дубора дар олами дигар, ки Розенфелд онро расми хеле куҳан ва боқимонда аз тасаввуроти бостонии мардуми ориёӣ арзёбӣ кардааст.<ref name="ref86" />
=== Айлоқравӣ ва расму оинҳои кишоварзӣ ===
Иқтисодиёти суннатии мардуми Ванҷ ба ду унсури ба ҳам вобаста – кишоварзӣ дар водиҳои танги поёнӣ ва чорводорӣ дар чарогоҳҳои баландкӯҳӣ – такя мекунад. Ҳар сол дар аввали тобистон, вақте ки заминҳои поёнӣ барои кишти ғалла, картошка ва сабзавот истифода мешаванд, раванди муҳоҷирати мавсимии подаи чорво ба чарогоҳҳои тобистонаи баландкӯҳ, ки бо номи ''«айлоқ»'' маъруф аст, оғоз мегардад.<ref name="ref86" /> Хусусияти ҷолиби ин кӯчиш дар он аст, ки қариб тамоми аҳли деҳа, бахусус занону кӯдакон, дар як рӯзи муайяншуда дастаҷамъӣ ба айлоқ мераванд, дар ҳоле ки қисме аз мардон дар деҳа мемонанд, то корҳои саҳроӣ ва обёрии заминро анҷом диҳанд.
Дар айлоқҳо занон тамоми тобистон машғули ҷӯшидани шир, тайёр кардани маска, равғани зард, дӯғу мосту тарфу ва қурут мешаванд.<ref name="ref86" />
== Забон ==
Мардуми Ванҷ бо гӯиши ванҷии забони тоҷикӣ сухан мегӯянд. Дар водии Язғулом бошад, яке аз забонҳои помирӣ – забони язғуломӣ роиҷ аст.
Лаҳҷаи ванҷии забони тоҷикӣ дар водии Ванҷ аз нимаи дуюми асри XIX густариш ёфта, забони бумии помириро, ки бо номи ванҷӣ маъруф буд, дар поёни ҳамин аср аз байн бурд. Забони ванҷӣ наздиктарин хеши забони язғуломӣ буда, ба гурӯҳи ''«шимолии»'' забонҳои помирӣ дар қатори язғуломӣ ва (эҳтимолан) саргуломӣ дохил мешуд. Мутахассисон аз байн рафтани онро ба охири асри XIX нисбат медиҳанд; мардумшиносон дар ибтидои асри XX аз ин забон танҳо чанд даҳ вожаро сабт карда тавонистаанд.<ref name="ref87">Памирские языки (рус.) // Лингвистический энциклопедический словарь. --- М.: Советская энциклопедия, 1990.</ref><ref name="ref88">[https://old.bigenc.ru/linguistics/text/2701306 Памирские языки] (рус.) // Большая российская энциклопедия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Лаҳҷаҳои ванҷии забони тоҷикӣ мавзӯи таҳқиқи бунёдии эроншиноси рус А. З. Розенфелд гардидаанд, ки соли 1964 дар [[Ленинград]] монографияи махсуси ''«Ванджские говоры таджикского языка»''-ро дар ҳаҷми 151 саҳифа ба табъ расонидааст.<ref name="ref89">Розенфельд А. З. Ванджские говоры таджикского языка / ЛГУ им. А. А. Жданова. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- 151 с.</ref> Дар гуфтугӯи мардуми Ванҷ ҷӯйборҳои лозурӣ, ки деҳаҳо дар канораи онҳо бино ёфтаанд, ''«даргов»'' номида мешаванд; ба ақидаи Ҳ. Пирумшоев, ин вожа гунаи тағйирёфтаи ибораи ''«даргоҳи об»'' аст.<ref name="ref2" /> Аммо дуруст он аст, ки аслаш дарагоб/дараоб (обе ки аз дара меояд) аст, зеро дар форсии миёна "дара" "дараг" навишта ва талаффуз мешудааст. Тибқи фарзияи дигари забоншиносӣ, метавон решаи вожаи ''«дарғов»''-ро бо калимаи осетинии ''«dærg»'' (''«дароз»'') пайванд дод, яъне маънои аслии он ''«оби дароз»'' бошад.<ref name="ref90">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §50--52.</ref>
Тибқи таснифи Розенфелд, гӯишҳои ванҷӣ ҷузъи таркибии гӯишҳои дарвозӣ буда, якҷоя бо онҳо ба гурӯҳи васеътари гӯишҳои ҷанубу шарқии забони тоҷикӣ дохил мешаванд.<ref name="ref91">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §59.</ref> Хусусияти муҳимтарини гӯишҳои дарвозиву-ванҷӣ – ҷобаҷогузории зарраи ''«ме-»''-и замони ҳозира-оянда аз аввали феъл ба охири он (миёни асос ва флексия) мебошад, ки дар ҳамаи гӯишҳои ин гурӯҳ, ба ғайр аз гӯиши болои Ванҷ, мушоҳида мешавад.<ref name="ref92">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §60, §61.</ref> Аз миёни гӯишҳои дарвозӣ, ба гӯиши ванҷӣ аз ҳама наздиктар гӯиши ягидӣ (алалхусус ба зерлаҳҷаи водхудии поёни Ванҷ) ва гӯиши миёнаи дарвозиву-ваҳиёӣ (ба лаҳҷаи миёнаи Ванҷ) мебошанд.<ref name="ref93">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §62.</ref>
=== Лаҳҷаҳои дохилии гӯиши ванҷӣ ===
Розенфелд дар дохили гӯиши ванҷӣ се лаҳҷаи асосиро фарқ мекунад: лаҳҷаи поёни Ванҷ, лаҳҷаи миёнаи Ванҷ (ки онро боз лаҳҷаи ваҳиёиву-ванҷӣ низ меноманд) ва лаҳҷаи болои Ванҷ.<ref name="ref94">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §54.</ref>
Лаҳҷаи поёни Ванҷ дар деҳаҳои соҳили рости дарёи Ванҷ (аз резишгоҳ ба боло) – Вискроғ, Бичхарвак, Рохарв (маркази ноҳия), Бовид ва Одешт – ва дар соҳили чап – Дашти Роғ, Лангар, Гишхун ва Ғумаяк, инчунин дар деҳаҳои ҷамоати Водхуд роиҷ аст; аксарияти сокинони поёни Ванҷ ва Водхуд муҳоҷиронанд, ки бештарашон аз Дарвоз ва қисман аз болои Ванҷ ба ин ҷо кӯчидаанд.<ref name="ref15" /> Дар дохили ин лаҳҷа ду зерлаҳҷа – водхудӣ ва гишхунӣ – фарқ карда мешаванд; барои зерлаҳҷаи водхудӣ лабиалишавии қавии садоноки ''«о»'', мавҷудияти зарфи ''«fru/fre»'' ба маънои ''«поён»'' ва истифодаи шакли дуюми замони ҳозира-ояндаи феъл дар шахсҳои якум ва саввуми танҳо бо флексияи ''«-a»'' (масалан, ''«gama»'', ''«ravama»'' ба ҷои шакли маъмули дарвозиву-ванҷии ''«game»'', ''«rave»'') хос аст.<ref name="ref95">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §56, саҳ. 12.</ref>
Лаҳҷаи миёнаи Ванҷ (ваҳиёиву-ванҷӣ) аз деҳаи Бунай то деҳаҳои Доршир (дар соҳили рост) ва Гуҷовас (дар соҳили чап), то деҳаи болотарини водӣ – Поймазор – паҳн аст. Сокинони ин минтақаро ''«ваҳиёчиён»'' меноманд, зеро аксарашон муҳоҷироне мебошанд, ки аз водии Ваҳиёи Боло ба ин ҷо кӯчидаанд. Барои ин лаҳҷа мавҷудияти ҳамсадоҳои болофаринголии ''«ҳ»'' ва ''«айн»'', истифодаи пасванди ''«-ak»'' дар шахси саввуми танҳои замони гузашта (''«umadastak»'' – ''«ӯ омад»''), калимаи ''«oča»'' ба маънои ''«модар»'' (ба ҷои ''«muma»''-и роиҷ дар дигар лаҳҷаҳои ванҷӣ) ва номи ''«ruzan»'' барои равзанаи дуд хос аст; ин лаҳҷа аз рӯи аломатҳои зикршуда ба лаҳҷаи ваҳиёиву-дарвозӣ наздик мешавад.<ref name="ref96">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §57, саҳ. 12.</ref>
Лаҳҷаи болои Ванҷ аз деҳаи Доршир то сарчашмаҳои дарёи Ванҷ – дар деҳаҳои Сетарғ, Мурғутга, Ван-Вани Боло ва Поён (соҳили рост) ва Гуҷовас, Гумаст, Рованд, Гармчашма, Сунгад (соҳили чап) – паҳн аст. Сокинони ин минтақа худро ''«ванҷиҳо»'' ё ''«ванҷиёни туптӣ»'' (яъне бумӣ) меноманд ва маҳз дар ҳамин лаҳҷа лексикаи бештар архаистӣ, аз ҷумла боқимондаҳои алоҳидаи забони куҳани ванҷӣ, то имрӯз нигоҳ дошта шудааст.<ref name="ref97">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §58, саҳ. 12--13.</ref> Хусусияти муҳимтарини лаҳҷаи болои Ванҷ дар он аст, ки зарраи ''«ме-»'' дар аввали шакли феълӣ боқӣ мемонад ва ба охири он нагузашта; маҳз бо ҳамин аломат, ин лаҳҷа аз ҳамаи дигар гӯишҳои дарвозиву-ванҷӣ фарқ мекунад.<ref name="ref92" />
Аз лиҳози овоӣ (фонетикӣ), гӯишҳои ванҷӣ бо паҳншавии васеи фонемаи ''«ə»'' (ки ба садонокҳои кӯтоҳи забони адабӣ рост меояд) ва мулоимшавии садоноки ''«ӯ»'' тавсиф мешаванд.<ref name="ref98">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §1--3, саҳ. 5--6.</ref> Далели дигари куҳансолии ин гӯишҳо паҳншавии васеи фонемаи ''«ж»'' аст, ки дар забони адабии тоҷикӣ танҳо дар се-чор калима боқӣ мондааст, ҳол он ки дар гӯишҳои ванҷӣ гурӯҳи назарраси калимаҳо бо ин ҳамсадо сабт шудаанд (масалан, ''«жеғ»'' – якрав, ''«жовидан»'' – ҷавидан).<ref name="ref99">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §15, саҳ. 6--7.</ref> Афтодани ҳамсадои ''«д»'' дар миёни калима, ки хоси гӯишҳои дарвозиву-ванҷист, ба сохти флексияи феълӣ низ таъсир расонидааст: дар замони гузашта шахси саввуми танҳо флексияи ''«-и»''-ро мегирад (масалан, ''«babori»'' – ''«борид»''), шахси саввуми ҷамъ бошад – флексияи ''«-ин»''.<ref name="ref100">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §11.</ref>
Дар морфология, ҷамъбандии исм тавассути пасвандҳои ''«-о»'' (умумӣ), ''«-ун»'' (барои исмҳои ҷондор) ва ''«-гала»'' (барои гурӯҳи одамон) сурат мегирад.<ref name="ref16" />
Лексикаи гӯишҳои ванҷӣ, нисбат ба гӯишҳои дарвозӣ низ, дараҷаи баландтари архаизмро нишон медиҳад: дар он калимаҳое нигоҳ дошта шудаанд, ки дар забонҳои адабии тоҷикӣ ва форсӣ дигар истифода намешаванд, вале дар ашъори Фирдавсӣ ё дар фарҳангҳои қадимӣ сабт гардидаанд (масалан, ''«кӯп»'' ба маънои ''«санг»'', ''«харсанг»'').<ref name="ref101">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §48.</ref> Илова бар қабати калони калимаҳои помирӣ, дар гӯишҳои ванҷӣ гурӯҳи калимаҳое низ ба назар мерасанд, ки бо забони яғнобӣ ва ҳатто бо забони бостонии осетинӣ (аз шохаи шимолии забонҳои эронӣ) муштараканд.<ref name="ref90" /> Дар ''«Феҳристи калимаҳои куҳани ванҷӣ»'', ки ҳамчун замима ба монография пайваст шудааст, Розенфелд бар пояи таҳлили лексикӣ ва фонетикӣ ба хулосае мерасад, ки забони куҳани ванҷӣ ба гурӯҳи шуғнонию рӯшонии забонҳои помирӣ тааллуқ доштааст.<ref name="ref102">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- Замимаи «Феҳристи калимаҳои куҳани ванҷӣ».</ref>
Бархе донишмандони рус, монанди И. И. Зарубин, А. З. Розенфелд ва дигарон, назарияеро дар бораи вуҷуди куҳанзабони ванҷӣ (русӣ: старованджский язык) ироя кардаанд, ки тибқи он ин забон тақрибан дусад сол пеш аз байн рафта, гӯиши кунунии ванҷӣ ҷойгузинаш шудааст. И. И. Зарубин дар ин маврид мегӯяд:
"Забони куҳнаи ванҷӣ дар водии Ванҷ (шохоби рости Панҷ) ва саргуломӣ дар болооби дарёи Саргулом, дар шарқи вилояти Файзободи Афғонистон ривоҷ дошт. Тақрибан дусад сол пеш лаҳҷаҳои тоҷикӣ ҷои онҳоро гирифтанд".
Забоншинос Т. Н. Пахалина дар баррасии муқоисавии забонҳои помирӣ, забони ванҷиро дар силсилаи забонҳои помирӣ чунин ҷой додааст:
''«Ванджский язык, известный в настоящее время по небольшому количеству слов, зафиксированных в 1924 г. И. И. Зарубиным [6], а позднее — А. З. Розенфельд [28; 29] (в прошлом был распространен в долине Ванджа — правого притока Пянджа).»''
Тарҷума: ''«Забони ванҷӣ, ки имрӯз танҳо бо шумораи ками вожаҳо маълум аст ва соли 1924 аз ҷониби И. И. Зарубин ва баъдтар аз ҷониби А. З. Розенфелд сабт шудааст (дар гузашта дар водии Ванҷ — шохоби рости Панҷ — роиҷ буд).»''.<ref name="ref103">Пахалина Т. Н. Сравнительный обзор памирских языков // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 222.</ref>
Шаҳодати дигаре дар бораи фарҷоми ин забон дар мақолаи Т. Г. Абаева дар бораи пажӯҳишҳои А. В. Станишевский омадааст:
''«Укором в адрес лингвистов звучало сообщение о том, что в долине Ванча недавно умерли последние старики, владевшие ванчским языком.»''
Тарҷума: ''«Хабаре барои забоншиносон ҳамчун сарзаниш садо дод ва он ҳам дар бораи он, ки дар водии Ванҷ, ба наздикӣ пиронсолони охироне, ки забони куҳнаванҷиро медонистанд, аз дунё гузаштанд.»''.<ref name="ref104">Абаева Т. Г. Исследования А. В. Станишевского (Азиза Ниалло) о Памире // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 290.</ref>
Забони язғуломӣ, ки дар шаш деҳаи ҷамоати Язғулом ба кор меравад, забони бехат аст ва шумораи гӯяндагонаш тақрибан 3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад; аксари язғуломиён дузабонаанд ва забони тоҷикиро низ медонанд.<ref name="ref105">Язгулямский язык (рус.) // Лингвистический энциклопедический словарь. --- М.: Советская энциклопедия, 1990.</ref><ref name="ref106">[https://old.bigenc.ru/linguistics/text/4924529 Язгулямский язык] (рус.) // Большая российская энциклопедия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Таҳқиқи бунёдии ин забон ба қалами эроншиноси маъруф Д. И. Эделман тааллуқ дорад, ки соли 1966 дар [[Маскав]] монографияи ''«Забони язғуломӣ»''-ро ба табъ расонидааст.<ref name="ref107">Эдельман Д. И. Язгулямский язык. --- М.: Наука, 1966.</ref> Пас аз муҳоҷирати соли 1954 бахше аз язғуломизабонон дар ноҳияи Куйбишеви водии Вахш низ сокин шуданд ва забони язғуломӣ то кунун дар он ҷо низ ба кор меравад.<ref name="ref60" />
Дар ''«Атласи забонҳои дар хатар қарордоштаи ҷаҳон»''-и ЮНЕСКО (таҳти таҳрири Кристофер Мозли, соли 2010), забони язғуломӣ ба зумраи забонҳои осебпазир (Vulnerable) дохил гардидааст.<ref name="ref108">Moseley Chr. (ed.) Atlas of the World\\\'s Languages in Danger. --- 3rd ed. --- Paris: UNESCO Publishing, 2010.</ref> Тибқи ҳамин Атлас, аз 15 забони дар хатар қарордоштаи Осиёи Марказӣ, 11-тояш дар Тоҷикистон, бештараш дар ҳудуди ВМКБ, роиҷ аст.<ref name="ref109">[https://old.asiaplustj.info/en/news/tajikistan/society/20170629/unesco-publishes-atlas-of-the-worlds-languages-in-danger UNESCO publishes atlas of the world\\\'s languages in danger] (англ.) // Тоҷикистон Ньюз Азия-Плюс, 29 июни 2017. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Пажӯҳиши ҷомеашиносии забонии Д. Пол, Э. Аббесс, К. Мюллер, К. Тиссен ва Г. Тиссен нишон медиҳад, ки муносибати сокинони водии Язғулом ба ҳарду забон – язғуломӣ ва тоҷикӣ – мусбат аст: забони модарӣ дар зиндагии рӯзмарра пурқувват боқӣ монда, ҳеҷ нишонае аз ҷойивазкунии он бо забони тоҷикӣ мушоҳида намешавад, ҳарчанд забони тоҷикиро низ дар баъзе ҳавзаҳо муфид медонанд.<ref name="ref110">Paul D., Abbess E., Müller K., Tiessen C., Tiessen G. Language Access and Tajik Language Proficiency among the Yazghulami of Tajikistan. --- SIL International, 2010.</ref> Дар пойгоҳи байналмилалии таснифи забонҳо ''«Глоттолог»'' забони куҳани ванҷӣ бо рамзи ''«oldw1238»'' ва забони язғуломӣ бо рамзи ''«yazg1240»'' сабт шудаанд.<ref name="ref111">Glottolog 5.0, коди «oldw1238» (забони куҳани ванҷӣ) ва «yazg1240» (забони язғуломӣ).</ref>
== Бахшбандӣ ==
Бар асоси Қонуни тақсимоти маъмурию ҳудудии кишвар, ноҳияи Ванҷ аз 1 шаҳрак (Ванҷ) ва 6 ҷамоат иборат аст:<ref name="ref112">Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. --- Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013. --- 332 с.</ref>
{| class="wikitable"
!'''Ҷадвали 5. Ҷамоатҳои ноҳияи Ванҷ'''
|-
|'''Ҷамоат'''
|'''Аҳолӣ (нафар)'''
|'''Деҳаҳо'''
|-
|ба номи Маҳмадулло Абдуллоев
|10 983
|Бичхарв, Бодалд, Ускроғ, Роғ, Дашти Роғ, Панҷшанбеобод, Убари Даргов, Рохарв, Гушхун, Ғумаяк, Бовуд, Одешт, Ҷангали Зуго
|-
|Водхуд
|2178
|Пшихарв, Даштак, Лугад, Бунига, Узбай, Лахш, Баравн, Баравни Таг, Баравни Тор, Ваҳдат, Вравз
|-
|Ҷовидон
|4201
|Бунай, Рав, Жовуд, Потов, Арнавад, Убго
|-
|Рованд
|5573
|Ширговад, Ғиҷоваст, Мудеҳарв, Вишхарвак, Старғ, Ғӯмас, Мурғутга, Рованд, Гармчашма, Ван-Ван, Сунгад, Поймазор
|-
|Техарв
|3401
|Гич, Садвадг, Сед, Шаврӯ, Техарв, Чихох, Удоб, Равгада
|-
|Язғулом
|6065
|Мотравн, Вишхарв, Будун, Шавуд, Андарбоғ, Жамаг
|}
Дар санадҳои расмии солҳои охир ҷамоати марказии ноҳия бо номи ''«деҳоти Маҳмадулло Абдуллоев»'' зикр мегардад.<ref name="ref4" />
Барои муқоиса, тибқи гузориши капитан Кузнецов, дар соли 1892 бекигарии Дарвоз (ки Ванҷ ҷузъи он буд) ба 11 амлокдорӣ тақсим мешуд:
''«Въ административномъ отношеніи Дарвозское бекство дѣлится на 11 амилякдарствъ: Чиль-Даринское, Тавиль-Даринское, Сагри-Даштское, Кала-и-Хумбское, Шикайское, Куфское, Хагонское, Май-Майское, Джумарчское, Ванчское, Вахія-болё и два особыхъ отдѣла–Язгулемскій и Тангъ-Шивскій.»''
Тарҷума: ''«Аз ҷиҳати маъмурӣ, бекигарии Дарвоз ба 11 амлокдорӣ тақсим мешавад: Чилдарин, Тавилдарин, Сағридашт, Қалъаи Хумб, Шикай, Куф, Ҳагон (Деҳхагон), Моймай, Ҷумарҷ, Ванҷ, Вахиёи Боло ва ду шӯъбаи алоҳида — Язғулом ва Тангшив»''.<ref name="ref113">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 68.</ref>
Аз ин тақсимот бармеояд, ки Ванҷ дар соли 1892 аллакай ҳамчун амлокдории алоҳида, ва Язғулом ҳамчун шӯъбаи ниммустақилу ба таври алоҳида идорашаванда фарқ карда мешуданд — падидае, ки то андозае бо бахшбандии имрӯзаи ноҳия, ки дар он Язғулом ҷамоати алоҳида аст, монандӣ дорад.
Тақрибан ҳаштод сол пас аз гузориши Кузнецов, забоншинос Д. И. Эделман, бар пояи маводи саҳроии худ ва пажӯҳиши А. З. Розенфелд, рӯйхати муфассали рустоҳои Ванҷро чунин овардааст:
''«Население Ванджа ныне говорит по-таджикски, хотя сравнительно недавно здесь еще бытовал ванджский язык, принадлежавший к памирской группе языков. Названия кишлаков по течению Пянджа: Даштак, Узбай, Лахш, Варавз, Лангарак, Бараун, Водхуд; по Ванджу: Бич-харвак, Рог, Лангар, Гишхун, Рохарв (официально Ванч), Гумаяк, Одешт, Бунай, Потоу, Жовид, Чихох, Сед, Техарв, Гуджовас, Ширговат, Доршир, Гумаст, Сетарг, Рованд, Мургытга, Сунгад, Ван-Ван, Поймазор.»''
Тарҷума: ''«Аҳолии Ванҷ имрӯз бо забони тоҷикӣ гуфтугӯ мекунад, ҳарчанд то ба ҳамин наздикӣ, дар ин ҷо, ҳанӯз, забони куҳнванҷӣ роиҷ буд, ки ба гурӯҳи забонҳои помирӣ тааллуқ дошт. Номҳои рустоҳо дар масири Панҷ: Даштак, Взбай, Лахш, Вароваз, Лангарак, Баравн, Водхуд; дар масири Ванҷ: Бичхарвак, Роғ, Лангар, Гишхун, Рохарв (расман Ванҷ), Ғумаяк, Одешт, Бунай, Потов, Жовид, Чхох, Сед, Техарв, Ғҷовас, Шрговад, Дуршер, Ғӯмас, Старғ, Рованд, Мурғтга, Смгад, Ван-Ван, Поймазор.»''.<ref name="ref114">Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 50.</ref>
== Хоҷагидорӣ ==
Соҳаҳои асосии хоҷагидории ноҳия ғаллакорӣ, чорводорӣ, боғдорӣ ва сабзавоткорист; дар замони шӯравӣ тамокукорӣ низ соҳаи асосӣ буд. Соли 1939 дар тамоми ВМКБ 123 колхоз мавҷуд буд, аз ҷумла дар Ванҷ 30 колхоз таъсис дода буданд.
Водии Водхуд аз қадим бо ҳосилхезии замин ва фаровонии тути худ ном баровардааст: захираи ғалла ва меваи хушки ин мавзеъ (тут, зардолу, себ) на танҳо сокинони маҳаллӣ, балки деҳоти камзамини ҳамсояро низ аз танқисӣ мераҳонд ва ибораи мардумии ''«тути Водхуд пухт, имсол ҳам ҷон ба саломат бурдем»'' аз ҳамин воқеият бармеояд.<ref name="ref2" />
Дар ноҳия 53 хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд аст. Майдони умумии заминҳои хоҷагӣ 14 417 гектар аст, аз ҷумла заминҳои корам – 1381 гектар (2012), чарогоҳҳо – 1219 гектар, боғҳо – 734 гектар. Тибқи омори соли 2012 дар ноҳияи Ванҷ 2478 тонна ғалла, 1924 тонна гӯшт, 1 млн дона тухм, 3742 тонна шир, 157 тонна чормағз, 6353 тонна сабзавот ва 11 295 тонна картошка ба даст омад. Бар асоси омори соли 2011, шумораи чорво дар хоҷагиҳо чунин буд: гов – 15 234 сар, гӯсфанду буз – 32 498 сар.
Дар давоми даҳсолаи охир сохтори хоҷагидории ноҳия ба таври куллӣ дигаргун шуд: ба ҷои 53 хоҷагии деҳқонии соли 2012, имрӯз 14 ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ 120 хоҷагии инфиродиро бо фарогирии 3217 саҳмдор муттаҳид месозад.<ref name="ref115">Ванҷ. Рушди соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Майдони умумии заминҳои корам ба 2601 гектар расидааст, ки аз он бештар аз 1080 гектарро боғҳои мевадиҳанда ташкил медиҳанд; танҳо дар бист соли охир 282 гектар замини нав аз худ карда шудааст.<ref name="ref116">[https://khovar.tj/2025/11/dar-no-iyai-van-so-ai-bo-parvar-rushd-meyobad/ Дар ноҳияи Ванҷ соҳаи боғпарварӣ рушд меёбад] // АМИТ «Ховар», 18 ноябри 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Тибқи таҳлилҳои муқоисавӣ, дар зарфи се даҳсолаи охир истеҳсоли ғалладонагиҳо тақрибан 6 баробар, картошка 8 баробар, сабзавот 16 баробар ва мева 42 баробар афзудааст.<ref name="ref117">Ванҷ. Ҷашни истиқлол мондагор хоҳад буд // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Танҳо то охири моҳи октябри соли 2025 аз боғоти ноҳия 2205 тонна меваи тару тозаву хушк ба бозорҳои хориҷӣ ва шаҳрҳои калони ҷумҳурӣ содирот гардид,<ref name="ref116" /> ва моҳи августи соли 2023 кишоварзони ноҳия дар ярмаркаи Боғи ''«Куруши Кабир»''-и Душанбе зиёда аз 13 тонна маҳсулоти тару тоза ба сокинони пойтахт пешниҳод карданд.<ref name="ref118">Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби кишоварзони ноҳияи Ванҷ // АМИТ «Ховар», августи 2023. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Аз соли 2009, вақте ки дар ноҳия аввалин ду гармхонаи намунавӣ ба кор дароварда шуданд,<ref name="ref119">Дар Ванҷ гармхонаҳо ба кор даромаданд // АМИТ «Ховар», августи 2009. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> технологияи гармхонагӣ дар қисматҳои поёнии ноҳия паҳн шудааст. Дар давраи охир, дар ҳамкорӣ бо мутахассисони минтақаи илмӣ-таҷрибавии ''«Ҷангали Зуго»''-и Институти биологии Помир, соҳибкор Ҳайдар Фаёзов аз деҳаи Гишхун дар ноҳия парвариши озмоишии лимӯ ва дигар меваҳои ситрусиро оғоз кард – навъе, ки то ҳол дар ВМКБ танҳо хоси баъзе минтақаҳои ноҳияи Дарвоз буд.<ref name="ref120">Ванҷ. Авлавият ба рушди лимӯпарварӣ // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Чорводорӣ ва занбӯриасалпарварӣ ===
Дар муқоиса бо давраи пеш аз истиқлол, дар ноҳия саршумори чорвои калону майда дар маҷмуъ 2 баробар, истеҳсоли гӯшт 4 баробар ва истеҳсоли тухм 31 баробар афзудааст.<ref name="ref117" /> Тибқи омори соли 2023, саршумори чорвои калони шохдор ба 17 135 сар (нисбат ба 15 234 сар дар соли 2011) ва моли майда (гӯсфанду буз) ба 41 000 сар (нисбат ба 32 498 сар) расидааст; ҳамчунин дар хоҷагиҳои ноҳия 41 350 сари парранда ва 1082 оилаи занбӯри асал ба қайд гирифта шудааст.<ref name="ref117" /><ref name="ref115" /> Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди занбӯриасалпарвариро яке аз воситаҳои пасткунандаи камбизоатӣ ва таъминкунандаи шуғли деҳот муайян кардааст.
Сарватҳои зеризаминии ноҳия: пахтасанги кӯҳӣ (асбест), молибден, мармар ва ғайра; инчунин конҳои никел, оҳансанг ва оҳак мавҷуданд.
=== Муҳоҷирати меҳнатӣ ===
Мисли аксари минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон, иқтисодиёти хонаводаҳои Ванҷ ба таври назаррас аз муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳаволапулиҳо вобаста аст. Тибқи арзёбии [[Бонки Ҷаҳонӣ]] аз моҳи ноябри соли 2025, ҳаволапулиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ беш аз 30 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд ва, гарчанде вобастагӣ ба ин маблағҳо сатҳи камбизоатиро коҳиш додааст, нобаробарии даромад (нишондиҳандаи Гини) аз 32 то 38 дар байни солҳои 2021 ва 2023 афзудааст; ВМКБ дар қатори минтақаҳое зикр шудааст, ки бо маҳдудиятҳои шадиди ҷуғрофиву иқлимӣ рӯбарӯянд.<ref name="ref121">[https://www.worldbank.org/en/country/tajikistan/publication/poverty-and-equity-assessment Tajikistan Poverty and Equity Assessment] (англ.) // Бонки Ҷаҳонӣ, 22 сентябри 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Пажӯҳиши умумимиллии соҳаи тандурустӣ доир ба муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон нишон додааст, ки дар байни панҷ минтақаи кишвар (Душанбе, ВМКБ, Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ), ҳиссаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар аҳолии ВМКБ (49,59 фоиз аз намунаи пажӯҳишӣ) назар ба дигар минтақаҳо (камтар аз 32 фоиз) хеле баландтар будааст.<ref name="ref122">[https://pmc.ncbi.nlm.nih.gov/articles/PMC11679146/ Inclusion of Labor Migrants as a Potential Key Population for HIV: A Nationwide Study from Tajikistan] (англ.) // PMC/NCBI. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар маҷмуи умумимиллӣ, беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон ҳарсола барои кор ба Русия мераванд; ҳаволапулиҳо дар соли 2013 қариб нисфи маҷмуи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медоданд, ки то соли 2018 ба тақрибан 30 фоиз (2,2 миллиард доллари ИМА) коҳиш ёфт.<ref name="ref123">[https://www.migrationpolicy.org/article/dependent-remittances-tajikistan-prospects-dim-economic-growth Dependent on Remittances, Tajikistan\\\'s Long-Term Prospects for Economic Growth and Poverty Reduction Remain Dim] (англ.) // Migration Policy Institute. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Саноат ===
Дар ноҳия корхонаҳои хурди саноатӣ – сехи чӯҷабарорӣ, заводи хишти ''«Лугад»'', ҶДММ ''«Хрустал»'' – фаъолият доранд. Дар Ванҷ бозорҳои марказӣ ва марзӣ низ амал мекунанд.
25 июни соли 2025 дар ноҳия корхонаи истеҳсоли калсит, коркарди мармар ва сангҳои ороишии ҶСК ''«Мармар Стоун»'' ба кор шурӯъ кард, ки иқтидори солонаи он 40 ҳазор тонна маҳсулот буда, 40 сокини маҳаллиро бо ҷои кори доимӣ таъмин намудааст. Корхона чор хатти истеҳсолӣ дорад ва дар он беш аз 20 навъи санги табиӣ коркард мешавад; иқтидори истеҳсоли тахтасангҳои ороишӣ (мозаика) 10 ҳазор м³ ва коркарди санги мармар 160 ҳазор м³ дар як солро ташкил медиҳад.<ref name="ref124">[https://asiaplustj.info/tj/node/350189 Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ аз Ванҷ оғоз шуд. Президент дар ин ноҳия кадом иншоотро ба истифода дод?] // Asia-Plus, 25 июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="ref125">Ифтитоҳи корхонаҳои истеҳсоли калсит, коркарди мармар ва сангҳои ороишии ҶСК «Мармар Стоун» дар ноҳияи Ванҷ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
Дар ҳамон рӯз Парки саноатии ноҳия мавриди истифода қарор гирифт, ки дар масоҳати 788 м² ҷойгир буда, 6 корхонаи хурди истеҳсолиро фаро мегирад: истеҳсоли макарон, бандубасти маҳсулоти лӯбиёгӣ, коркарди равғани чормағз, коркард ва бандубасти меваи хушк, истеҳсоли собун ва дару тирезаҳои пластикӣ. Фаъолияти парк дар маҷмуъ 36 сокини маҳаллиро бо кор таъмин мекунад.<ref name="ref124" /><ref name="ref126">Ифтитоҳи Парки саноатии ноҳияи Ванҷ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
Дар доираи ҳамин парк, инчунин корхонаи коркарди равғани ангат (Hippophae rhamnoides) – растании шифобахши худрӯй, ки дар қад-қади дарёҳои ноҳия фаровон мерӯяд – ба кор шурӯъ кардааст; иқтидори он то 500 килограмм равғани холис дар як сол буда, аз ин ашё то 12 навъи маҳсулоти фармасевтию косметологӣ омода карда мешавад.<ref name="ref127">Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ // Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ, июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Пеш аз таъсиси ин корхона, дар деҳаи Ғуҷоваст соҳибкорзан Васила Ғафурова коргоҳи хурди коркарди ангатро таъсис дода буд, ки маводи он берун аз ноҳия низ харидор пайдо кардааст.<ref name="ref124" /> Барои дастгирии соҳибкории хурду миёна дар солҳои 2018-2019 ба соҳибкорони ноҳия зиёда аз 6,5 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шудааст.<ref name="ref128">Сафарҳои дохилӣ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Энергетика ===
Дар Ванҷ чандин неругоҳи хурди барқи обӣ (НБО) фаъолият мекунад. Аз ҷумла, НБО-и ''«Техарв»'' дар дарёи Ванҷ бо иқтидори 400 кВт таҷдид гардида, ба шабакаи ягонаи барқи кишвар пайваст карда шудааст; НБО-и ''«Андарбак»'' дар водии Язғулом ба шабакаи ширкати ''«Помир Энерҷӣ»'' пайваст аст.<ref name="ref129">[http://www.cawater-info.net/best-practices/ru/base/marker/21 Реконструкция МГЭС Техарв на реке Ванч мощностью 400 кВт в Ванчском районе Горно-Бадахшанской автономной области] (рус.) // CAWater-Info. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Таҳлилҳои соли 2021 нишон дода буданд, ки шабакаҳои барқии ноҳия ҳамагӣ 2,6 мегаватт барқ истеҳсол мекунанд, дар ҳоле ки барои фаъолияти пуриқтидори корхонаҳои нави саноати кӯҳӣ (ба мисли ''«Мармар Стоун»'') беш аз 5,6 мегаватт лозим буд.<ref name="ref130">Имсол дар Ванҷ дар 15 гектар боғи нав бунёд карда шуд // АМИТ «Ховар», июли 2021. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Моҳи июни соли 2025 хатти интиқоли барқи дузанҷираи 35 ва 110-киловолтаи Хоруғ-Рӯшон бо дарозии 67,5 км ва зеристгоҳи ''«Ҷангал»'' ба маблағи умумии 114 миллион сомонӣ ба истифода дода шуд, ки интиқоли муназзами неруи барқро ба ноҳияҳои Рӯшон, Ванҷ ва Дарвоз ба маротиб беҳтар мегардонад; ҳамзамон сохтмони хатти 42-километраи интиқоли барқи 110-киловолта аз маркази ноҳияи Рӯшон то зеристгоҳи ''«Вознавд»'' оғоз ёфт, ки ба истифода додани он дар нимсолаи аввали соли 2026 пешбинӣ шудааст.<ref name="ref131">[https://khovar.tj/2025/06/suhanronii-prezidenti-um-urii-to-ikiston-peshvoi-millat-emomal-ra-mon-dar-mulo-ot-bo-ro-baron-va-faoloni-viloyati-muhtori-k-istoni-badahshon/ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон] // АМИТ «Ховар», июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Нақлиёт ===
Нақлиёти ноҳия асосан автомобилист; як фурудгоҳи хурд ҳам дар шаҳраки Ванҷ (Рохарв) вуҷуд дорад. Қаламрави ғарбии ноҳия дар масири шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Мурғоб-Қулма қарор дорад; лоиҳаи таъмиру таҷдиди қитъаи ин шоҳроҳ аз Қалъаихумб то Ванҷ ва сарҳади ноҳияи Рӯшон арзиши умумии 2,5 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки то имрӯз корҳо ба маблағи 900 миллион сомонӣ анҷом ёфтаанд.<ref name="ref132">Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ванҷ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> 25 июни соли 2025 роҳи мошингарди маркази ноҳия то нуқтаи пайвастшавӣ ба ин шоҳроҳ, иборат аз ду хатти ҳаракат бо дарозии умумии 16 км, пас аз таҷдид ба истифода дода шуд; дар дарозои роҳ истгоҳҳои нақлиётӣ ва гузаргоҳҳо барои пиёдагардон бунёд гардидаанд.<ref name="ref124" /><ref name="ref133">Ифтитоҳи роҳи маркази ноҳияи Ванҷ то нуқтаи пайвастшавӣ ба шоҳроҳи Душанбе--Кулма // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
23 июни соли 2025 ширкати ҳавопаймоии ''«Тоҷик Эйр»'' пас аз ёздаҳ соли танаффус (парвози охирин соли 2014 сурат гирифта буд) хатсайри ҳавоии Душанбе-Ванҷ-Душанберо аз нав кушод: парвози нахустин бо 15 мусофир анҷом ёфт. Парвоз дар ин масир 50 дақиқа тӯл кашида, тибқи ҷадвал ҳафтае як маротиба, рӯзҳои ҷумъа, бо ҳавопаймои Ан-28 иҷро мешавад ва нархи чипта дар як самт 750 сомонӣ муайян гардидааст.<ref name="ref134">[https://asiaplustj.info/tj/node/350087 Оғози парвози ҳавопаймоӣ миёни Душанбе ва Ванҷ. Аввалин парвоз кай ва нархи чипта чанд аст?] // Asia-Plus, июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="ref135">[https://asiaplustj.info/tj/node/350121 Пас аз 11 сол. Аввалин парвози ҳавопаймо дар масири Душанбе-Ванҷ-Душанбе анҷом ёфт] // Asia-Plus, 23 июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар доираи татбиқи ''«Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»'' (қабулшуда 28 июни соли 2024), 24 феврали соли 2026 дар шафати роҳҳои мошингарди ноҳияи Ванҷ беш аз 2000 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва сояафкану мевадиҳанда шинонида шуд.<ref name="ref136">[https://khovar.tj/2026/02/daraht-binshon-dar-shafati-ro-oi-moshingardi-van-besh-az-2000-beh-ni-ol-shinonida-shud/ ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳҳои мошингарди Ванҷ беш аз 2000 бех ниҳол шинонида шуд] // АМИТ «Ховар», 24 феврали 2026. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Фарҳангу маориф ==
Пеш аз инқилоб аҳолии маҳаллии Ванҷ дар масҷидҳо ва хонаҳои муллоён хатту савод меомӯхтанд ва на ҳама ақшори мардум фурсат ва имкони саводомӯзӣ доштанд. Аз ин рӯ нисбати саводнокӣ дар миёни онҳо хеле паст буд ва ба сахтӣ метавонист ба 3-10 % бирасад. Саводомӯзии саросарии аҳолиро ҳукумати шӯравӣ ба роҳ монд.
Соли 1926 нахустин мактаб дар минтақа фаъолияти худро оғоз намуд: дар он танҳо 1 муаллим – Одил Боқиев (аз деҳаи Чихох) кор мекард ва 25 талаба дар он ҷо дарс меомӯхтанд. Соли 1930 шумораи муаллимон ба 7 нафар расид. Дар авохири даҳаи 30-юми асри XX тақрибан дар ҳамаи маҳалҳои сераҳолии деҳшӯроҳои Ванҷ мактабҳои ибтидоӣ таъсис ёфтанд, ки бештари бачагону наврасон дар онҳо таҳсил мекарданд.
Тобистони соли 1941 (дар арафаи [[Ҷанги Бузурги Ватанӣ]]) дастгоҳи кинонамоишдиҳӣ дар Ванҷ сохта, ба марҳалаи истифода расид. Соли 1941 дар вилоят 41 китобхона вуҷуд дошт, аз ҷумла китобхонаи ноҳиявӣ дар маркази Ванҷ ва 12 чойхонаи сурх. Дар аввали моҳи апрели соли 1930 дар яке аз деҳаҳои баландкӯҳи водии Ванҷ – Рованд нахустин маҷлиси ҷавонон баргузор шуд.
Дар соли таҳсилии 2011-2012 дар ноҳияи Ванҷ 50 мактаб, аз ҷумла 23 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 4 мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, 13 мактаби ибтидоӣ, мактаб-интернат ва муассисаи томактабӣ вуҷуд дошт. Дар ҳамин сол дар мактабҳои ноҳия 7437 талаба таҳсил мекард, ки ба онҳо 928 муаллими соҳибмаълумоти олӣ дарс медоданд.
25 июни соли 2025 дар деҳаҳои Мотравн, Будун, Вишхарв, Жамаг, Бунай, Техарв ва Ғиҷовасти ноҳия 7 кӯдакистони нав ифтитоҳ гардид: чор кӯдакистон аз ҳисоби буҷети маҳаллии вилоят ва се кӯдакистони дигар аз ҳисоби сокинони деҳаҳо тариқи ҳашар сохта шудаанд. Ин муассисаҳо аз 20 синфхона иборат буда, барои 380 тарбиятгиранда пешбинӣ шудаанд ва дар онҳо 34 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.<ref name="ref124" /><ref name="ref137">[https://khovar.tj/2025/06/peshvoi-millat-emomal-ra-mon-dar-no-iyai-van-ba-tavri-ma-oz-7-muassisai-talimii-tomaktabiro-iftito-namudand/ Ифтитоҳи 7 кӯдакистон дар ноҳияи Ванҷ] // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
Дар Ванҷ 45 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 1 театр, 13 клуб, 2 автоклуб, 5 хонаи фарҳанг, 25 китобхона бо фонди 114 960 нусха китоб фаъолият мекунад. Рӯзномаи ноҳиявӣ бо номи ''«Ватан»'' нашр мешавад.
== Тиб ==
Аввалин иттилои тиббии сабтшуда дар бораи Ванҷ ба гузориши капитан Кузнецов (соли 1892) рост меояд, ки паҳншавии бемории зоб (гулбандварамӣ)-ро дар байни дигар бемориҳои маъмули Дарвоз махсус қайд кардааст:
''«Изъ другихъ болѣзней особенно развитыхъ въ Дарвозѣ, слѣдуетъ отмѣтить зобъ, главнымъ образомъ по рѣкѣ Ванчъ.»''
Тарҷума: ''«Аз дигар бемориҳое, ки дар Дарвоз хеле паҳн шудаанд, бояд зобро қайд кард, ки асосан дар канори дарёи Ванҷ вомехӯрад»''.<ref name="ref138">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 51.</ref>
Соли 1939 дар Ванҷ маркази тиббӣ ва бемористоне барои 10 кат сохта шуда буд. Ин иттифоқ дар канори душвориҳои азиме ба вуҷуд омад: то оғози асри XX дар водӣ тибби илмӣ вуҷуд надошт ва сокинон танҳо ба гиёҳдармонӣ ва дуохонӣ такя мекарданд, ки боиси сатҳи баланди фавти модарону кӯдакон мегардид.<ref name="ref49" /> Тибқи як таҳқиқи диссертатсионӣ, гузариш ба тибби муосир бо муқовимати шадид ҳамроҳ буд: соли 1929 табиби рус Спажев, ки барои расонидани кумаки аввалияи тиббӣ ба Ванҷ фиристода шуда буд, аз ҷониби дастаҳои босмачӣ ба қатл расонида шуд – ҳодисае, ки соли 1931 бо қатли табиб Олхов дар ноҳияи ҳамҷавори Қалъаихумб такрор ёфт.<ref name="ref139">Диссертатсия // Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ.</ref> Муҳоҷирати маҷбурии соли 1954-и сокинони водии Язғулом ба водии гарми Вахш низ оқибатҳои вазнини беҳдоштӣ – бемории оммавӣ ва фавти зиёди кӯдакон – ба бор овард, ки яке аз сабабҳои бозгашти тадриҷии як қисми муҳоҷирон ба зодгоҳашон гардид.<ref name="ref49" />
Ҳоло дар ноҳия як беморхонаи марказӣ (дар шаҳраки Рохарв, дорои 6 шуъбаи бистарикунонӣ), як беморхонаи минтақавӣ дар водии Язғулом, 22 бунгоҳи тиббӣ, маркази назорати беҳдоштӣ (санитарию эпидемиологӣ) ва 4 дорухона фаъолият доранд. Тибқи маълумоти соли 2023, ба ин шабака 57 310 нафар бемор муроҷиат кардааст – ба ҳисоби миёна беш аз 1,6 маротиба барои ҳар сокини ноҳия дар як сол.<ref name="ref140">Ванҷ. Роҳандозии тадбирҳо дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар сохтори марказии шабака 47 духтури дорои маълумоти олӣ ва 193 корманди миёнаи тиббӣ кор мекунанд; рақами 369 нафар пизишки дорои маълумоти олӣ, ки дар маъхазҳои умумӣ оид ба ноҳия зикр мешавад, эҳтимол тамоми мутахассисони тиббии ҳудуди ноҳияро – аз ҷумла дорухонаҳо, СЭС ва муассисаҳои хусусиро – дар бар мегирад.<ref name="ref140" />
Дар водии дурдасти Язғулом, ки пеш аз истиқлол мардум маҷбур буданд беморони вазнинро тавассути чорвои борбар ба масофаҳои дур интиқол диҳанд, имрӯз як дармонгоҳи минтақавӣ, ду маркази саломатӣ, се бунгоҳи тиббӣ дар деҳаҳои дурдаст ва як таваллудхонаи махсусгардонидашуда фаъолият доранд.<ref name="ref140" /> Дар деҳаи Гармчашмаи ҷамоати Рованд, наздики лозури Ванҷях, як маркази саломатии муосир бо ҳамкории Вазорати тандурустӣ ва Хадамоти ҳифзи сиҳатии [[Бунёди Оғохон]] (Aga Khan Health Services) сохта шудааст.<ref name="ref141">Ифтитоҳи маркази саломатӣ дар ноҳияи Ванҷ // АМИТ «Ховар», сентябри 2015. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар доираи барномаи миллии рушди инфрасохтори тиббӣ, соли 2025 сохтмони бинои нави Беморхонаи марказӣ барои 120 кат бо арзиши 114 миллион сомонӣ оғоз гардид.<ref name="ref142">Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Ванҷ // Президенти Тоҷикистон, 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Барои ҳалли норасоии кадрҳо, тайи давраи соҳибистиқлолӣ 142 нафар хатмкунандаи ноҳияи Ванҷ дар муассисаҳои олии тиббии ҷумҳурӣ (пеш аз ҳама Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино) таҳсил кардаанд, ки аз ин шумора 40 нафар тавассути квотаи президентӣ буда, соли 2025 боз 22 нафари дигар ба ҳамин квота фаро гирифта шуданд.<ref name="ref142" /> Барномаи ''«Корвони саломатӣ»''-и Вазорати тандурустӣ низ борҳо ба Ванҷ ташриф оварда, ба табибони маҳаллӣ таҷрибаандӯзӣ фароҳам овардааст.<ref name="ref143">«Корвони саломатӣ». Сокинони ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ бо хизматрасонии ройгони тиббӣ фаро гирифта шуданд // АМИТ «Ховар», майи 2022. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Бо сабаби баландкӯҳ будани минтақа, Ванҷ таърихан ба минтақаҳои паҳншавии бемории ҷоғвар (норасоии йод) мансуб буд; тибқи маълумоти таҳлилӣ, дар натиҷаи стратегияи миллии йодизатсияи намак сатҳи паҳншавии ин беморӣ дар давраи солҳои 2019-2023 то 72 фоиз коҳиш ёфтааст.<ref name="ref144">Авҷи Зуҳал, № 2, 2025.</ref> Бо назардошти сатҳи баланди муҳоҷирати меҳнатии сокинони ноҳия, маркази маҳаллии мубориза бар зидди ВНМО (ВИЧ) корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни ҷавонон пайваста мегузаронад.<ref name="ref140" /> Дар давраи пандемияи [[COVID-19]] Беморхонаи марказии Ванҷ шуъбаи бемориҳои сироятиро ба реҷаи фавқулодда гузаронид, ва моҳи июни соли 2020 тибқи барномаи дастгирии [[Иттиҳоди Аврупо]] ба ин муассиса таҷҳизоти муҳофизати инфиродӣ (PPE) расонида шуд.<ref name="ref145">EU timeframe for PPE distribution // Хадамоти амали берунии Иттиҳоди Аврупо (EEAS), июни 2020. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Беморхонаи марказӣ соли 2014 пурра ба низоми гармкунии барқӣ (аз ҳисоби неругоҳҳои хурди барқи обӣ) гузашт, ҳарчанд барои ҳолатҳои фавқулодда ҳарсола захираи эҳтиётии сӯзишворӣ нигоҳ дошта мешавад.<ref name="ref146">Беморхонаи Ванҷ ба низоми гармкунии барқӣ гузашт // АМИТ «Ховар», январи 2014. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Тибқи санҷиши Агентии амнияти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳо (июли 2024), Беморхонаи марказии Ванҷ талаботи қонунгузории бехатарии радиатсиониро пурра риоя намуда, дараҷаи хатари фаъолияти он ''«паст»'' арзёбӣ шудааст.<ref name="ref147">[https://cbrn.tj/ Феҳристи Агентии амнияти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ (cbrn.tj)]. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Варзиш ==
Ванҷ аз даврони қадим бо гуштигирони номвари худ шуҳратёр буд. Номи паҳлавонони ванҷӣ – Амонат, Сулаймон, Дилдор, Хушдил, Худоӣ, Ҳиммат, Ш. Дилов, Алифбек ва дигарон то кунун ба некӣ ёд мешавад ва қиссаҳои майдондориашон ҳанӯз вирди забони хосу ом аст. Соли 2024 гӯштини миллии тоҷикӣ ([[гӯштингирӣ]]) дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта шуда, мақоми расман байналмилалӣ касб кард; шумораи мусобиқаҳои ин намуди варзиш дар саросари ҷумҳурӣ аз 485 адад дар соли 2020 то тақрибан 4000 адад дар соли 2022 афзудааст.<ref name="ref148">[https://mfa.tj/tg/brussels/view/12033/gushtini-tojiki-maqomi-bainalmilali-girift Гӯштини тоҷикӣ мақоми байналмилалӣ гирифт] // Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Паҳлавони ванҷӣ [[Шакармамад Мирмамадов]], ки дар якчанд намуди варзиш (ҷудо, кураш, гӯштингирӣ) рақобат мекунад, яке аз муваффақтарин варзишгарони вазни сангини Тоҷикистон дар даҳсолаи охир аст: соҳиби медали биринҷии Бозиҳои XVIII осиёии соли 2018 дар Ҷакарта (ҷудо, +100 кг),<ref name="ref149">Бозиҳои XVIII осиёӣ: Шакармамад ҳам соҳиби медали биринҷӣ гардид // Радиои Озодӣ. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> медали тиллои Чемпионати 13-уми Осиё оид ба кураш дар Теҳрон (июни 2024)<ref name="ref150">Шакармамад Мирмамадов қаҳрамони Осиё оид ба кураш // Варзиш ТВ. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> ва медали тиллои Нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ дар Душанбе (28-31 августи 2024, бо иштироки беш аз 200 варзишгар аз 63 давлат) гардид.<ref name="ref151">Варзишгари тоҷик Шакармамад Мирмамадов дар нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ медали тилло ба даст овард // АМИТ «Ховар», августи 2024. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар мусобиқаҳои Наврӯзии байналмилалӣ дар Хоруғ (марти 2025) ва Рашт (апрели 2026) низ ғолиб омада, ҳарду бор соҳиби автомобил гардид.<ref name="ref1" /><ref name="ref152">[https://khovar.tj/2026/04/mu-ammadin-shodmon-far-od-va-shakarmamad-so-ibi-sho-oiza-oi-musobi-ai-g-shtini-millii-no-iyai-rasht-shudand/ Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд] // АМИТ «Ховар», 15 апрели 2026. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
25 марти соли 2020 дар ҷамоати деҳоти Язғулом бахшида ба Наврӯз мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ баргузор гардид, ки дар он беш аз 300 нафар паҳлавон на танҳо аз Ванҷ, балки аз Душанбе, [[Бохтар]], Кӯлобу Хоруғ ва ноҳияҳои Дарвозу Рӯшон иштирок карданд.<ref name="ref1" />
Дар ноҳия беш аз 40 иншооти варзишӣ мавҷуд аст. 25 июни соли 2025 дар деҳаи Убари Даргов толори варзишӣ бо масоҳати умумии 615 м², иборат аз толори асосӣ, толори тенниси рӯи миз ва ҳуҷраҳои ёрирасон, ба истифода дода шуд.<ref name="ref124" /><ref name="ref153">Ифтитоҳи толори варзишӣ дар деҳаи Убари Даргови ноҳияи Ванҷ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref> Ҳамчунин, 15 ноябри соли 2025, дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар деҳаи Андарбоғи ҷамоати Язғулом толори варзишии замонавӣ, ки бо маблағи 480 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст, ба истифода дода шуд.<ref name="ref14" /> Пеш аз ин, 11 сентябри соли 2018 бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамин ҷамоати Язғулом низ як толори варзишӣ ба истифода дода шуда буд.<ref name="ref15" />
Ба ғайр аз гӯштин, дар солҳои охир [[волейбол]] низ дар ноҳия рушд кардааст: дар мусобиқаи маҳаллӣ 7 дастаи волейболи ҷавонон иштирок доранд, ва дастаи ноҳияи Ванҷ дар Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявии волейбол дар ноҳияи Восеъ дар қатори дастаҳои пуриқтидоре чун ''«Регар ТадАЗ»'' ва дастаи шаҳри Душанбе иштирок карда, рақобати арзанда нишон додааст.<ref name="ref154">[https://khovar.tj/2025/06/regar-tadaz-dar-musobi-a-oid-ba-volejbol-dar-no-iyai-vose-sazovori-sho-oiza-gardid/ «Регар ТадАЗ» дар мусобиқа оид ба волейбол дар ноҳияи Восеъ сазовори Шоҳҷоиза гардид] // АМИТ «Ховар», июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар Бозиҳои осиёии соли 2018, ки [[самбо]] бори аввал ба барномаи он дохил шуда буд, Тоҷикистонро дар қатори дигарон ду варзишгари ҷавон – Ҷомии Ҳасанӣ ва Сомон Сангов – намояндагӣ карданд.<ref name="ref149" />
== Шахсиятҳои маъруф ==
[[Мулло Муҳаммадёри Ванҷӣ]] (машҳур ба Мулло Ёр) – шоири маъруфи мардумии тоҷик, зодаи деҳаи Ғумаяки водии Ванҷ; мероси ӯ то имрӯз дар байни мардуми кӯҳистони тоҷик маҳбубият дорад.<ref name="ref2" />
=== Илмҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ ===
Раҳим Масов (16 ноябри 1939, деҳаи Мудеҳарви ноҳияи Ванҷ – 21 июни 2018, Душанбе) – таърихшиноси барҷастаи тоҷик, доктори илмҳои таърих, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон; солҳои 1988–2015 директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш.<ref name="ref155">[https://khovar.tj/rus/2022/11/akademik-rahim-masov-zhizn-posvyashhennaya-otstaivaniyu-natsionalnyh-interesov-tadzhikistana-segodnya-velikomu-uchenomu-ispolnilos-by-83-goda/ Академик Рахим Масов: жизнь, посвящённая отстаиванию национальных интересов Таджикистана] (рус.) // НИАТ «Ховар», 16 ноябри 2022. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="ref156">[https://asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/society/20180621/segodnya-v-dushanbe-skonchalsya-akademik-rahim-masov Сегодня в Душанбе скончался академик Рахим Масов] (рус.) // Азия-Плюс, 21 июни 2018. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Ҳайдаршо Пирумшоев (таваллуд 30 декабри 1944, ноҳияи Ванҷ) – таърихшинос, доктори илмҳои таърих, профессор; муаллифи асарҳои ''«Ванҷ»'' (М., 2004), ''«Ванҷи ману ганҷи ман»'' (Душанбе, 2013) ва таҳқиқоти сершумор оид ба таърихи Бадахшону Помир.<ref name="ref157">[https://asiaplustj.info/tj/node/356410 Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо... 30 декабри соли 2025] // Asia-Plus. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
[[Комил Бекзода]] (Беков Комилҷон; таваллуд 9 январи 1945, деҳаи Узбайи ноҳияи Ванҷ) – файласуфи тоҷик, доктори илмҳои фалсафа.<ref name="ref158">[https://www.ozodi.org/a/600091.html Комил Бекзода Наврузро ҷашни орзуҳо медонад - Радиои Озодӣ]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Хатмкардаи шуъбаи забони арабии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1967), беш аз ҳафт сол дар Миср ва Яман ба ҳайси тарҷумон кору фаъолият намуд.<ref name="ref159">[https://kmt.tj/komil-bekzoda-fajlasufe-bo-andeshai-milly/ Комил Бекзода – файласуфе бо андешаи миллӣ - Китобхонаи миллии Тоҷикистон]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Соли 1988 рисолаи номзадӣ дар мавзӯи «Муҳаммади Шаҳристонӣ – муаррихи дин ва фалсафа» ва соли 2019 рисолаи доктории худро таҳти унвони «Нақши шуубия дар таърихи худшиносии халқи тоҷик» ҳимоя намуд.<ref name="ref159" />
Авсамад (Абдусамад) Ҳайдаров (таваллуд 1 октябри 1961, деҳаи Бунайи ноҳияи Ванҷ) – забоншинос ва педагог, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент.<ref name="ref160">[[Авсамад Ҳайдаров|Авсамад Ҳайдаров — Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Хатмкардаи факултети шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1986), солҳои 1986–1988 дар ҳайати қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон хидмат кард.<ref name="ref160" /> Соли 2012 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи ислоҳоти маорифи Аҳмади Дониш дифоъ намуд ва соли 2019 китоби ''«Фарҳанги тафсирии мухтасари луғоти шеваи ҷанубу шарқии забони тоҷикӣ»''-ро таълиф кард, ки дар он, аз ҷумла, этимологияи вожаи «Ванҷ» таҳлил шудааст.<ref name="ref10" /><ref name="ref160" />
{| class="wikitable"
!'''Ҷадвали 6. Намояндагони барҷастаи илмҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ аз ноҳияи Ванҷ'''
|-
|'''Ному насаб'''
|'''Соҳаи фаъолият'''
|'''Асарҳо ва дастовардҳои калидӣ'''
|'''Унвони илмӣ / Мақом'''
|-
|Раҳим Масов
|Таърихнигорӣ
|Таҳқиқи тақсимоти ҳудудии миллӣ дар Осиёи Миёна
|Академик, директори Институти таърих (1988–2015)
|-
|Ҳайдаршо Пирумшоев
|Таърихнигорӣ
|''«Ванҷ»'' (2004), ''«Ванҷи ману ганҷи ман»'' (2013)
|Доктори илмҳои таърих, профессор
|-
|Авсамад Ҳайдаров
|Педагогика, забоншиносӣ
|Таҳқиқи афкори Аҳмади Дониш, ''«Фарҳанги тафсирии мухтасари луғот...»''
|Номзади илмҳои педагогӣ, дотсент
|}
=== Илмҳои табиатшиносӣ ===
Кабут Вазиров (15 ноябри 1938 – 13 июли 2019) – муҳандис-геолог, номзади илмҳои геология ва минералогия (1975), профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои муҳандисии Тоҷикистон (2003).<ref name="ref161">[[Кабут Вазиров|Кабут Вазиров — Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Зодаи ноҳияи Ванҷ, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1961), муаллифи зиёда аз 400 мақолаи илмию методӣ, 4 китоби дарсӣ ва 3 монография оид ба сарватҳои зеризаминии Тоҷикистон.<ref name="ref161" /> Пас аз даргузашти ӯ хонаводааш 638 нусха китоб аз китобхонаи шахсиаш ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон тақдим намуданд.<ref name="ref162">[http://old.kmt.tj/beshtar-az-600-kitobi-kabut-vazirov-ba-kitobhonai-milli-takdim-shud Бештар аз 600 китоби Кабут Вазиров ба Китобхонаи миллӣ тақдим шуд]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
Саид Савлатов (таваллуд 17 майи 1940, деҳаи Чихохи ноҳияи Ванҷ) – биолог, дотсент, номзади илмҳои биологӣ (1972).<ref name="ref163">[[Саид Савлатов|Саид Савлатов — Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Таҳқиқоти ӯ ба масъалаҳои растанипарварӣ, ҳашаротшиносӣ ва меросгузории аломатҳо дар наслҳои гибридии пахта бахшида шудаанд; солҳои 1984–1989 мудири кафедраи зоологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ буд ва бо нишони «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (1984) сарфароз гардидааст.<ref name="ref163" />
=== Адабиёт ва рӯзноманигорӣ ===
Дар марҳилаи адабиёти шӯравӣ ва пасошӯравӣ, Басир Расо (13 июли 1931 – 11 июли 2010), зодаи деҳаи Водхуд, ба яке аз чеҳраҳои шинохтаи адабиёти танзу ҳаҷви тоҷик табдил ёфт; дар кӯдакӣ тарбиятгирандаи хонаи бачагон буд ва дар ансамбли этнографии бачагонаи Помир иштирок мекард, ва фаъолияти меҳнатии худро солҳои 1948–1949 ба ҳайси пионервожатӣ оғоз намуд.<ref name="ref19" /><ref name="ref164">[https://navisandagan.tj/tj/%D1%80%D0%B0%D1%81%D0%BE-%D0%B1%D0%B0%D1%81%D0%B8%D1%80/ РАСО БАСИР - ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref><ref name="ref165">[[Басир Расо|Басир Расо — Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Пас аз хатми факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1956), фаъолияти рӯзноманигории худро дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» ва маҷаллаи «Хорпуштак» оғоз намуд ва аз соли 1964 то охири умраш – беш аз чиҳил сол – сармуҳаррири маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» боқӣ монд.<ref name="ref166">[https://www.ozodi.org/a/2097189.html Даргузашти сардабири "Хорпуштак" - Радиои Озодӣ]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref><ref name="ref164" /> Маҷмӯаҳои ашъори ӯ, аз қабили ''«Дар боргоҳи нур»'', ''«Нидои дӯст»'' ва ''«Баҳори орзӯ»'', ба жанри ғазал ва шеъри лирикӣ низ тааллуқ доранд; ӯ дорои унвони «Ходими шоистаи маданияти Тоҷикистон» буд.<ref name="ref165" />
Дар соҳаи журналистикаи муосир ва таҳлилӣ, рӯзноманигори собиқадор Аслам Додихудоев (1946–2023) нақши босазо дошт ва дар инкишофи матбуоти даврӣ ва мактаби журналистикаи таҳлилии кишвар саҳм гузоштааст.<ref name="ref167">[[:ru:Додихудоев|Додихудоев - Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Тибқи феҳристи категорияи «Зодагони ноҳияи Ванҷ»-и Википедияи тоҷикӣ, дигар аҳли қалам ва рӯзноманигорони зодаи ин ноҳия – аз ҷумла Хилватшоҳи Маҳмуд, Бурҳон Раҳмон, Наврӯз Гулзода ва Насрин Идибеков – низ дар ғанигардонии фазои адабӣ ва иттилоотии кишвар саҳм доранд.<ref name="ref168">[[:Гурӯҳ:Зодагони ноҳияи Ванҷ|Гурӯҳ:Зодагони ноҳияи Ванҷ — Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
=== Санъати тасвирӣ ва мусиқӣ ===
Анваршо Сайфиддинов, Арбоби ҳунар ва Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон, аз соли 1984 узви Иттифоқи рассомони собиқ ИҶШС буда, дар доираҳои ҳунарӣ ба унвони ғайрирасмии «Шоҳи рангҳо» маъруф аст.<ref name="ref169">[https://farah-info.com/habari-ruz/nigohi-purasrori-anvarsho-sajfiddinov-ba-gety/ Нигоҳи пурасрори Анваршо Сайфиддинов ба гетӣ - Асосӣ - Фараҳ]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Осори ӯ – аз наққошӣ то санъати монументалӣ – рамзҳои фарҳанги бостонии тоҷиконро бо услубҳои муосир омезиш медиҳад; намунаҳои эҷодиёташ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва коллексияҳои Русия, Аврупо ва Осиё маҳфузанд, ва ӯ ҳамчун омӯзгор дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов фаъолият дорад.<ref name="ref169" /> Дар соҳаи санъати амалӣ, устод Маҳмадкарим Рақибов, омӯзгори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва нақшҳои миллӣ фаъолият мебарад.<ref name="ref170">[https://ddstdt.tj/10524-2/ МУСАВВИР - Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Дар соҳаи санъати овозхонӣ, Нуқраи Суннатниё низ ҳамчун яке аз хонандагони шинохтаи зодаи ноҳия ном бурда мешавад.<ref name="ref168" />
=== Идоракунии давлатӣ ва сиёсат ===
Қодири Қосим (таваллуд 9 апрели 1961, ноҳияи Ванҷ) – ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон.<ref name="ref171">Председатель Федерации независимых профсоюзов Таджикистана Кодири Косим выдвинут кандидатом в депутаты Маджлиси намояндагон (рус.) // НИАТ «Ховар», январи 2020. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Маҳмадулло Абдуллоев роҳбарии ноҳияи Ванҷро зиёда аз 20 сол (тахминан солҳои 1980-ум) ба ҳайси котиби якум бар ӯҳда дошт; таҳти роҳбарии ӯ соли 1984 нахустин корхонаи истеҳсоли санги мармар дар Бадахшон ба кор даромад ва боғдории минтақа (аз ҷумла парвариши чормағз дар мавзеи «Ҷангали Зуго» ва навъҳои гуногуни тут) рушд ёфт.<ref name="ref172">[[Деҳоти Маҳмадулло Абдуллоев|Деҳоти Маҳмадулло Абдуллоев — Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Ба ифтихори ин хидматҳо, ҷамоати марказии ноҳия (собиқ ҷамоати Ванҷ) расман ба номи Маҳмадулло Абдуллоев номгузорӣ шудааст.<ref name="ref173">[[:ru:Махмадулло_Абдуллоев_(джамоат)|Махмадулло Абдуллоев (джамоат) - Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
Ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992–1997 ба ҷомеаи зиёии Ванҷ низ талафоти вазнин овард: тибқи феҳристи қурбониён ва бедарак гумшудагони даврони ҷанг, ашхосе чун Қурбонназар Халифаев (соли таваллуд 1967, муаллим), Қурбон Абдуллоев (соли таваллуд 1938) ва Муҳаммадӣ Назарихудоев (соли таваллуд 1955, мудири шуъбаи комиҷроияи ноҳияи Ҷилликӯл) дар байни бедарак гумшудагону кушташудагони ин давра ёд мешаванд.<ref name="ref174">[https://www.ozodi.org/a/31911429.html Рӯйхат. Номи гуруҳе аз қурбониён ва гумшудаҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
{| class="wikitable"
!'''Ҷадвали 8. Намояндагони идоракунии давлатӣ ва ниҳодҳои ҷамъиятӣ аз ноҳияи Ванҷ'''
|-
|'''Ному насаб'''
|'''Давраи фаъолият'''
|'''Вазифа ва саҳми асосӣ'''
|-
|Маҳмадулло Абдуллоев
|Солҳои 1980-ум
|Роҳбари ноҳия (>20 сол), бунёди корхонаи мармар (1984), рушди боғдории саноатӣ
|-
|Қодири Қосим
|Давраи муосир
|Ходими давлатӣ, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил
|}
=== Варзиш ===
Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ [[Мурувватшо Бачабеков]] (1 майи 1944 – 9 сентябри 2023, деҳаи Баравни ҷамоати Водхуд) – бунёдгузори мактаби муосири гӯштини Ванҷ; солҳои 1972–1994 устоди кафедраи тарбияи ҷисмонии Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) буд.<ref name="ref175">[https://www.bomdod.com/2023/09/12/ustodi-pahlavononi-vanj-muruvvatsho-bachabekov-az-dunyo-raft/ Устоди паҳлавонони Ванҷ Мурувватшо Бачабеков аз дунё рафт] // Бомдод, 12 сентябри 2023. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Маҳмадшариф Сулаймонов (зодаи деҳаи Рованд) – устоди дигари варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ дар гӯштини миллӣ, ки зиёда аз панҷоҳ сол дар майдони паҳлавонӣ фаъолият дорад.<ref name="ref176">Суфраи паҳлавонӣ // Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Носир Хусравов (1958 – 9 январи 2024), хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, мураббии варзидаи гӯштини миллӣ ва самбо буд; ҳамчун мудири мактаби варзишии ноҳияи Ванҷ ва сармураббии дастаи мунтахаби самбои ВМКБ даҳҳо варзишгари сатҳи байналмилалиро тарбия кардааст.<ref name="ref177">[https://www.ozodi.org/a/32767418.html Падари ҷаҳонпаҳлавон Хушқадам Хусравов даргузашт - Радиои Озодӣ]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
Хушқадам Хусравов (таваллуд 1 январи 1993, деҳаи Рохарв), писар ва шогирди Носир Хусравов, дар вазни 62 кг оид ба самбо рақобат мекунад.<ref name="ref178">[[:en:Khushqadam_Khusravov|Khushqadam Khusravov - Wikipedia]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Соли 2013 ӯ қаҳрамони ҷаҳон байни ҷавонон гардид, соли 2014 дар Тошканд қаҳрамони Осиё шуд ва соли 2018 дар Бухарести Руминия унвони қаҳрамони ҷаҳон оид ба самборо ба даст овард.<ref name="ref179">[https://khovar.tj/2015/03/medali-tilloi-hush-1179-adam-husravov-dar-1206-omi-1207-a-1203-onii-sambo/ Медали тиллои Хушқадам Хусравов дар Ҷоми ҷаҳонии самбо | АМИТ "Ховар"]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref><ref name="ref180">[[Хушқадам Хусравов|Хушқадам Хусравов — Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
Дастоварди олимпии таърихиро Сомон Маҳмадбеков (таваллуд 24 марти 1999, Иркутск, Русия) ба даст овард; вай дар хонаводаи тоҷикони муҳоҷир, зодагони ноҳияи Ванҷ (Моёншоҳ Маҳмадбеков ва Ҷамила Парвонаева), ба дунё омадааст. Дар Бозиҳои олимпии Париж (2024) ӯ барандаи медали биринҷӣ дар намуди ҷудо гардид.<ref name="ref181">[https://www.bomdod.com/2024/07/31/nahustin-medali-tojikiston-dar-bozihoi-olimpii-poris-ofarinat-supersomon/ НАХУСТИН МЕДАЛИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПОРИС. ОФАРИНАТ, СУПЕРСОМОН! - Пойгоҳи хабарии "Бомдод"]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
Дар деҳаи Вишхарвак муаллими мактаб Рамазон Синонов барои наҷоти як наврас бо хирси ваҳшӣ дастбагиребон шуда, онро мағлуб кард – ҳодисае, ки дар матбуоти маҳаллӣ ҳамчун намунаи паҳлавонии ғайривaрзишии сокинони Ванҷ инъикос ёфт.<ref name="ref182">[https://www.bomdod.com/2021/10/21/muallimi-pahlavoni-vanji-hirsro-haluk-andohtu-ba-zamin-afkand/ МУАЛЛИМИ ПАҲЛАВОНИ ВАНҶӢ ХИРСРО ҲАЛУК АНДОХТУ БА ЗАМИН АФКАНД]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
{| class="wikitable"
!'''Ҷадвали 7. Натиҷаҳои барҷастаи варзишгарони мактаби Ванҷ дар сатҳи байналмилалӣ'''
|-
|'''Варзишгар'''
|'''Намуди варзиш'''
|'''Унвон ва мусобиқа'''
|'''Дастовард'''
|-
|Сомон Маҳмадбеков
|Ҷудо
|Бозиҳои олимпӣ (2024, Париж, Фаронса)
|Медали биринҷӣ
|-
|Хушқадам Хусравов
|Самбо
|Чемпионати ҷаҳон (2018, Бухарест, Руминия)
|Медали тилло
|-
|Хушқадам Хусравов
|Самбо
|Чемпионати Осиё (2014, Тошканд, Ӯзбекистон)
|Медали тилло
|-
|Шакармамад Мирмамадов
|Гӯштингирӣ
|Чемпионати ҷаҳон (2024, Душанбе, Тоҷикистон)
|Медали тилло
|-
|Шакармамад Мирмамадов
|Ҷудо
|Бозиҳои осиёӣ (2018, Ҷакарта, Индонезия)
|Медали биринҷӣ
|-
|Шакармамад Мирмамадов
|Кураш
|Чемпионати Осиё (2024, Теҳрон, Эрон)
|Медали тилло
|}
=== Соҳибкории иҷтимоӣ ва диаспора ===
Баҳор Мирзоев, зодаи деҳаи Бунайи ҷамоати Ҷовидон, дар доираи солҳои 2019–2021 аз пасандозҳои шахсии худ 140 ҳазор сомонӣ барои сохтани пули пиёдагузари замонавӣ болои дарёчаи кӯҳии Даргов (тақрибан 35 метр дарозӣ) сарф намуд, ки барои чор нафар сокинони маҳаллии баргашта аз муҳоҷират ҷойи кори муваққатӣ фароҳам овард.<ref name="ref183">[https://migration.tj/%D1%81%D0%BE%D2%B3%D0%B8%D0%B1%D0%BA%D0%BE%D1%80%D3%A3-%D0%B2%D0%B0%D0%BD%D2%B7%D3%A3-%D0%BF%D1%83%D0%BB%D0%B8-%D0%BF%D0%B8%D1%91%D0%B4%D0%B0%D0%B3%D1%83%D0%B7%D0%B0%D1%80-%D0%BC%D0%B5%D1%81%D0%BE/ Соҳибкорӣ Ванҷӣ пули пиёдагузар месозад - Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
Марҳум Эҳсоншо Мунавваров ва Моёншо Маҳмадбеков ҳамчун тоҷирони шинохта дар Федератсияи Русия, ҳамчун мададрасон ва пуштибони иҷтимоии диаспораи тоҷикони ноҳияи Ванҷ дар хориҷ аз кишвар эътироф шудаанд.<ref name="ref184">[https://pressa.tj/so%D2%B3ibkori-muvaffa%D2%9Bi-van%D2%B7%D3%A3-dar-rusiya-darguzasht/ Соҳибкори муваффақи ванҷӣ дар Русия даргузашт - Pressa.tj]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
Тибқи феҳристи категорияи «Зодагони ноҳияи Ванҷ»-и Википедияи тоҷикӣ, дар қатори шахсиятҳои маъруфи соҳаҳои гуногун инчунин метавон аз Мадатбек Тоҷибеков, Меҳровар Ғайратов, Муриват Бекназаров, Саломи Нуриёни Баравнӣ, Саттор Қувватов, Сафина Иронова, Толиббек Бухориев, Тоҳир Гулов, Шумқор Одинабеков, Ғайратшо Роҳатов ва Қобиламоҳ Баротова ном бурд, ки ҳар кадоме дар рушди бахшҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар саҳм доранд.<ref name="ref168" />
== Ҳукумат ==
Сарвари ноҳияи Ванҷ Раиси ноҳия аст, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мегардад.<ref name="ref3" /> Ниҳоди намояндагии ноҳия – Маҷлиси вакилони халқ мебошад, ки аз тарафи мардуми ноҳия ба муддати 5 сол интихоб мешавад.<ref name="ref3" />
Раисони ноҳия дар тӯли фаъолияти маъмурии он борҳо иваз шудаанд; барои мисол, 17 ноябри соли 2021 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷабори Қосим аз мансаби раиси ноҳияи Ванҷ озод карда шуда, ба ҷои ӯ Мардзода Одинашо Миршаб ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия таъин гардид.<ref name="ref185">[https://sputnik.tj/20211117/barkanori-jabbori-qosim-nazarshozoda-vanj-roshtqala-1043601608.html Раисони Ванҷу Роштқалъа барканор шуданд: раҳбарони нав киянд?] // Sputnik Тоҷикистон, 17 ноябри 2021. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Эзоҳ ==
{{Reflist|30em}}
== Манобеъ ==
* Андреев М. С. Выработка железа в долине Ванча (верховья Аму-Дарьи). – Ташкент, 1926.
* Бубнова М. А. Горно-Бадахшанская автономная область. Западный Памир (памятники каменного века – XX в.). – Душанбе, 2008. – (Археологическая карта Таджикистана).
* Бурхан-уд-Дин-хан Кушкеки. Путеводитель по Каттагану и Бадахшану. – Ташкент, 1926.
* Гулшанӣ. Таърихи ҳумоюн. – Душанбе, 2006.
* Искандаров Б. И. Восточная Бухара и Памир во второй половине XIX в. Ч. 1-2. – Душанбе, 1962-1963.
* Камалиддинов Ш. С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX – начала XIII вв. – Ташкент, 1996.
* Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). – Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893.
* Лашкарбеков Б. Б. Старованджский язык (vanǰivor) // Основы иранского языкознания: Среднеиранские и новоиранские языки / под ред. В. А. Ефимова. – М.: Восточная литература, 2008. – С. 61-109.
* Масов Р. М. К истории Ванчской долины // Мероси ниёгон. – Душанбе, 1999. – № 4. – С. 20-30.
* Мушкетов Д. И. Рохаръ (Кала-и-Ванчъ). – Петроградъ: Типографія М. М. Стасюлевича, 1916. – (Отдѣльный оттискъ изъ тома LII (1916 г.) Извѣстій Императорскаго Русскаго Географическаго Общества № 876).
* Пирумшоев Ҳ. Ванҷ. – М., 2004.
* Пирумшоев Ҳ., Зафаров А. Ванҷи ману ганҷи ман (очерки таърихӣ). – Душанбе, 2013.
* Постников А. В. Схватка на «Крыше Мира»: политики, разведчики и географы в борьбе за Памир в XIX веке. – М.: Памятники исторической мысли, 2001. – ISBN 5-88451-100-0.
* Розенфельд А. З. Ванджские говоры таджикского языка / ЛГУ им. А. А. Жданова. – Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. – 151 с.
* Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. – М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903.
* Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. – Душанбе: СИЭМТ, 2013.
* Эдельман Д. И. Язгулямский язык. – М.: Наука, 1966.
* Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. – М.: Наука (ГРВЛ), 1975. – С. 41-62.
* Языки мира: Иранские языки. III. Восточноиранские языки. – М.: Индрик, 2000.
* Moseley Chr. (ed.) Atlas of the World's Languages in Danger. – 3rd ed. – Paris: UNESCO Publishing, 2010.
* Paul D., Abbess E., Müller K., Tiessen C., Tiessen G. Language Access and Tajik Language Proficiency among the Yazghulami of Tajikistan. – SIL International, 2010.
== Пайвандҳо ==
* [https://www.vanjiman.com/ Сомонаи vanjiman.com]
* [https://vanj.info/ Торнамои Ванҷ (vanj.info)]
* [http://badakhshon.tj/?page_id=11224 Саҳифаи ноҳияи Ванҷ дар сомонаи расмии ВМКБ]
* [[c:Category:Vanj_District|Парвандаҳо дар Викианбор (Vanj District)]]
{{тоҷикистон-ҷуғ-нопурра}}
{{Тақсимоти маъмурии ВМКБ}}
{{Ноҳияи_Ванҷ}}
[[Гурӯҳ:Ноҳияҳои Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]]
[[Гурӯҳ:Ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]]
[[Гурӯҳ:Ноҳияи Ванҷ]]
3iqmsz9oiiijuijklq4t0aocbncpmry
1482036
1482033
2026-07-26T04:24:20Z
Firdavsi
3353
1482036
wikitext
text/x-wiki
{{ВМ
| Ранг1 = #A5D570
| Номи тоҷикӣ =
| Номи аслӣ = Ноҳияи Ванҷ
| Нишон =
| Парчам =
| Бари нишон =
| Бари парчам =
| Тавсифи нишон =
| Тавсифи парчам =
| Кишвар = [[Тоҷикистон]]
| lat_dir = N
| lat_deg = 38
| lat_min = 22
| lat_sec = 23
| lon_dir = E
| lon_deg = 71
| lon_min = 27
| lon_sec = 19
| region = TJ
| type = District
| Дараҷа =
| CoordScale =
| Суруди миллӣ =
| Мақом = Ноҳияи маъмурӣ
| Тобеъи = [[Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]]
| Шомили = 1 шаҳрак, 6 ҷамоат
| Пойтахт = [[Ванҷ (шаҳрак)|Ванҷ]]
| Шаҳри бузургтарин =
| Шаҳрҳои бузургтарин =
| Таъсис = [[29 май|29 маи]] [[1933]]
| Барҳамхӯрӣ =
| Номҳои пешина =
| Раис = Мардзода Одинашо Миршаб (аз 2022)<ref>{{Cite web|url=http://www.adlia.tj/show_doc.fwx?Rgn=143911|title=Указ Президента Республики Таджикистан от 1 декабря 2022 года №480 "О назначении Мардзода О.М. председателем Ванчского района Горно-Бадахшанской автономной области"|website=www.adlia.tj|accessdate=2023-01-04|archivedate=2024-12-09|archiveurl=https://web.archive.org/web/20241209162237/http://adlia.tj/show_doc.fwx?Rgn=143911}}</ref>
| Шакли роҳбарӣ = Раиси ноҳия
| Раис2 =
| Шакли роҳбарӣ2 =
| Раис3 =
| Шакли роҳбарӣ3 =
| ММД =
| Соли ММД =
| Ҷой аз рӯи ММД =
| ММД ба сари аҳолӣ =
| Ҷой аз рӯи ММД ба сари аҳолӣ =
| Забон =
| Забонҳо = [[Забони тоҷикӣ|тоҷикӣ]], [[Забонҳои бадахшонӣ]] — [[Забони язғуломӣ|язғуломӣ]]
| Аҳолӣ = 35 400
| Соли барӯйхатгирӣ = 2024
| Фоиз аз аҳолӣ = 4,8
| Ҷой аз рӯи аҳолӣ =
| Баҳодиҳии аҳолӣ =
| Соли баҳодиҳӣ =
| Зичӣ = 7,7
| Ҷой аз рӯи зичӣ =
| Ҳайати миллӣ = [[тоҷик]]он
| Ҳайати динӣ = [[мусулмон]], [[суннӣ]], мазҳаби [[ҳанафӣ]]
| Масоҳат = 4430,5
| Фоиз аз масоҳат =
| Ҷой аз рӯи масоҳат =
| Баландии бештарин = 7495
| Баландии миёна = 3000
| Баландии камтарин =
| Харита = Vanj District in Tajikistan.svg
| Андозаи харита =
| Харита2 =
| Минтақаи замонӣ = UTC+5
| Сарвожа = VA
| ISO = TJ.BK.VA
| Шиносаи ададӣ =
| Шакли шиноса =
| Шиносаи ададӣ2 =
| Шакли шиноса2 =
| Шиносаи ададӣ3 =
| Шакли шиноса3 =
| FIPS =
| Коди телефон = +992 3551
| Нишонаи почта = 736300
| Домени интернет = tj
| Коди мошинҳо = 04 TJ
| Вебгоҳ = [[www.vanjiman.com]]
| Гурӯҳ дар Commons = Vanj District
| Эзоҳ =
}}Ноҳияи Ванҷ (форсӣ: ناحیۀ ونج) – минтақаи таърихӣ ва яке аз ноҳияҳои [[Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]], воқеъ дар шимолу ғарби вилоят, дар шарқи [[Ҷумҳурии Тоҷикистон]]. Масоҳаташ 4430,5 км² буда, тибқи омори соли 2024 аҳолияш 35 400 нафарро ташкил медиҳад (зичии аҳолӣ тақрибан 8 нафар дар 1 км²). Ҳамчун воҳиди расмии маъмурию ҳудудӣ 29 майи 1933 таъсис ёфтааст.<ref name="ref1100">[https://dic.academic.ru/dic.nsf/ruwiki/1287410 Ванджский район] (рус.) // Словари и энциклопедии на Академике (нусхаи мақолаи Википедиаи русӣ, 2010). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Маркази ноҳия шаҳраки Рохарв (форсӣ: راخرو) аст, ки расман шаҳраки Ванҷ ном дошта, дар харитаҳо низ чунин сабт мешавад, вале дар забони мардум то имрӯз бо номи бостонии худ – Рохарв ёд мегардад; шаҳрак 176 км шимолтар аз шаҳри [[Хоруғ]], дар канораи резишгоҳи рӯди Рохарвоб ба Ванҷоб ҷой дорад.<ref name="ref1100" /><ref name="ref210">Ванҷ. Маълумоти ҷуғрофӣ (порча аз китоби Ҳ. Пирумшоев «Ванҷи ман») // Торнамои Ванҷ (vanj.info). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="ref310">н. Ванҷ (www.vanj.tj) // Сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Тибқи анъанаи маҳаллӣ, тамоми рустоҳоеро, ки аз деҳаи Бунай болотар воқеъанд, ''«Ванҷи Боло»'' меноманд; водиҳои поёниро бошад, на ''«Ванҷи Поён»'', балки бо номҳои таърихии худашон – Язғулом, Водхуд ва Пшихарв – ёд мекунанд.<ref name="ref210" /> Дигар шӯроҳои русто, мисли Водхуд, Язғулом, Рованд ва Техарв, ки фарогири чандин деҳаанд, то кунун номҳои таърихии худро нигоҳ доштаанд. Шӯрои рустои Рохарв дар ҳоли ҳозир чун ҷамоати ба номи Маҳмадулло Абдуллоев<ref name="ref410">[https://khovar.tj/2025/06/peshvoi-millat-emomal-ra-mon-dar-no-iyai-van-tolori-varzishiro-iftito-namudand/ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ толори варзиширо ифтитоҳ намуданд] // АМИТ «Ховар», 25 июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> ва шӯрои рустои Жовид феълан дар шакли ҷамоати Ҷовидон номгузорӣ шудаанд.
Қабл аз вуруди [[Артиши Сурх]] ба Ванҷ ва истиқрори низоми шӯравӣ, маркази идории амлокдории Ванҷ дар шаҳраки Рохарв, дар ''«Қалъаи Ванҷ»'' ё ''«Қалъаи Рохарви Ванҷ»'' қарор дошт, ки ҳам қароргоҳи мири Ванҷ ва ҳам маҳалли будубоши гурӯҳаки маҳдуди сипоҳи [[Манғития|манғитиён]] будааст.<ref name="ref510">Мушкетов Д. И. Рохарв (Кала-и Ванч) // Известия Русского географического общества. --- Т. 52. --- 1916.</ref>
Дарёҳои бузургтарини ноҳия – Ванҷоб, Язғулом) ва Панҷ) мебошанд. Ду соҳили дарёи Ванҷоб бо дарозии зиёда аз 100 км бахши умдаи ноҳияро ташкил медиҳад.
== Номшиносӣ ==
Дар сарчашмаҳои русӣ ва адабиёти даврони шӯравӣ номи ноҳия дар шаклҳои ''«Ванч»'' ва ''«Вандж»'' омадааст, ки гунаи русишудаи ҷойноми тоҷикии Ванҷ мебошад.<ref name="ref310" />
Дар боби решаи ин ном ақидаҳо мухталифанд. Донишманди тоҷик Гулшанӣ дар китобаш ''«Таърихи ҳумоюн»'', ки соли 1328 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 1910 милодӣ навиштааст, онро табдилёфтаи номи дарёи Панҷ шумурда, дар бораи диёри Ванҷ мегӯяд:
''«Қасабаи Ванҷ ба тарафи шарқии Дарвоз, ба таҳти ақабаи Боми Дунё воқеъ аст ва дар он ҷониб манбаи дарёи Омӯя ва Ҷайҳун ва онро Чашмаи Панҷ мегӯянд, аз қуллаи шомихи кӯҳи Боми Дунё набаъон менамоянд. Аз андак масофат, панҷ чашма ба як ҷо ҷамъ мешавад ва ғарбан ҷараён менамояд ва онро чашмаи Панҷ мегӯянд ва он қасабаро Ванҷ меноманд, ки он муҳаррафи Панҷ аст. Оби аввали наҳри Ҷайҳун ҳамин аст»''.<ref name="ref610">Гулшанӣ. Таърихи ҳумоюн. --- Душанбе, 2006. --- С. 157.</ref>
Тадқиқоти забоншиносии баъдина ин ривояти халқиро тасдиқ намекунад. Эроншиноси маъруф Д. И. Эделман дар пажӯҳиши бунёдии худ ''«Географические названия Памира»'' (''«Номҳои ҷуғрофии Помир»''), ки соли 1975 дар маҷмуаи ''«Страны и народы Востока»'' ба чоп расидааст, решаи вожаи ''«Ванҷ»''-ро мушаххасан шарҳ намедиҳад, балки онро номи аслии худи водӣ мешуморад, ки номи дарёи Ванҷов (Ванҷ + ''«об»'') низ аз он гирифта шудааст.<ref name="ref710">Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. --- М.: Наука (ГРВЛ), 1975. --- С. 41--62.</ref> Тибқи мушоҳидаи ӯ, ҳамсоягони язғуломизабони ин водӣ онро на ''«Ванҷ»'', балки ''«Вавз»'' меноманд, ки ин худ далели дигаре бар куҳансолии эҳтимолии ин ном аст.<ref name="ref710" /> Забони куҳани ванҷии аз байнрафта, ки сокинони маҳаллӣ то охири асри XIX бад-он сухан мегуфтанд, ''«ванҷивор»'' (vanǰivor)-аш меномиданд,<ref name="ref810">Лашкарбеков Б. Б. Старованджский язык (vanǰivor) // Основы иранского языкознания: Среднеиранские и новоиранские языки / под ред. В. А. Ефимова. --- М.: Восточная литература, 2008. --- С. 61--109.</ref> вале дар адабиёти дастрас пажӯҳише, ки решаи номи ''«Ванҷ»''-ро аз вожаҳои ҳамин забон ба даст оварда бошад, ёфт нашуд. Дар маҷмуъ, Эделман хулоса мебарорад, ки аксари номҳои ҷуғрофии [[Помир|Помири]] Ғарбию Ҷанубӣ бо ёрии забонҳои имрӯза шарҳнопазиранд, ки ин аз бостонӣ будани онҳо гувоҳӣ дода, эҳтимоли тааллуқи баъзеи онҳоро ба забонҳои куҳани пешин (субстратӣ) нишон медиҳад.<ref name="ref710" />
Худи Д. И. Эделман дар ҳамин мақола сабаби ин дугонагии номро возеҳтар шарҳ дода, чунин овардааст:
''«Иногда различные названия одного и того же пункта отражают различные исторические обстоятельства. Так, населенный пункт — административный центр Ванча имеет два названия. Первое — официальное, значащееся на картах — «Ванч» является редакцией старого названия находившейся здесь когда-то крепости, которая именовалась просто Кала ('<nowiki/>'''qala'<nowiki/>''') 'крепость' или Кала-и Вандж 'Ванджская крепость'. Второе — название самого кишлака, которое до сих пор остается в обиходе у местного населения и жителей соседних долин — «Рохарв».»''
Тарҷума: ''«Баъзан номҳои мухталифи як маҳал вазъиятҳои гуногуни таърихиро инъикос менамоянд. Чунончи, маҳалли аҳолинишин — маркази маъмурии Ванҷ — ду ном дорад. Аввалин — номи расмӣ, ки дар харитаҳо зикр мешавад, — «Ванҷ» аст, ки таҳрирёфтаи номи қадимии қалъаест мебошад, ки замоне дар ин ҷо буд ва онро танҳо Қалъа ('<nowiki/>'''qala'<nowiki/>''') ё Қалъаи Ванҷ меномиданд. Дуюмин — номи худи русто аст, ки то ҳанӯз дар гуфтугӯи мардуми маҳаллӣ ва сокинони водиҳои ҳамҷавор боқӣ мондааст — «Рохарв».»''.<ref name="ref910">Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 42.</ref>
Бино бар ин, то имрӯз дар илми забоншиносии эронӣ решашиносии қатъӣ ва ба таври васеъ пазируфташудаи вожаи ''«Ванҷ»'' пешниҳод нашудааст: ривояти Гулшанӣ дар боло намунаи анъанаи омиёна ва таърихии маҳаллист, на натиҷаи таҳлили илмии забонӣ. Коршиносон, ин номро қадимӣ мешуморанд ва эҳтимол медиҳанд, ки он ба давраи пеш аз паҳншавии забони тоҷикӣ дар ин минтақа тааллуқ дошта бошад, бидуни он ки то ба ҳол решаи дақиқи онро муайян созанд.
Луғатшиноси тоҷик Абдусамад Ҳайдаров дар ''«Фарҳанги тафсирии мухтасари луғоти шеваи ҷанубу шарқии забони тоҷикӣ»'' (2019) дар бораи вожаи ''«ванҷ»'' маълумоти муфассали фарҳангшиносиро ҷамъбаст намудааст<ref name="ref1010">Ҳайдаров А. Фарҳанги тафсирии мухтасари луғоти шеваи ҷанубу шарқии забони тоҷикӣ. --- Душанбе: ЭР-Граф, 2019. --- С. 14--17.</ref>. Тибқи ин пажӯҳиш, дар фарҳангномаҳои классикии форсиву тоҷикӣ вожаи ''«ван»''/''«ванҷ»'' дар маъноҳои гуногун сабт шудааст: номи деҳае дар Насаф (муарраби ''«вана»'', тибқи ''«Фарҳанги Ананд Роҷ»''); шабеҳу монанд, меваи мағздор, ҷангали пурдарахт ва номи шаҳре (тибқи ''«Бурҳони қотеъ»''); аз забони ҳиндӣ (санскрит) ба маънои ''«ҷангал»'', ''«беша»'' (тибқи ''«Фарҳанги Нафисӣ»''); меваи ба зира монанд бо мағзак ва ташбеҳ (тибқи ''«Ғиёс-ул-луғот»''); ва ниҳоят – ''«гунҷишк»'' (тибқи ''«Туҳфат-ул-аҳбоб»'' ва ''«Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ»''). Гурӯҳи дигари муҳаққиқон, аз ҷумла И. М. Стеблин-Каменский, А. З. Розенфелд, В. Томашек ва А. Д. Девонақулов, вожаи ''«ванҷ»''-ро аз ''«ван»'' ба маънои ''«бед»'' гирифташуда медонанд.<ref name="ref1010" />
Ҳайдаров бо усули муқоисаи фарҳангномавӣ нишон медиҳад, ки маънои ''«гунҷишк»'' эҳтимолан натиҷаи хатои котибист: дар қадимтарин фарҳанги дастрас – ''«Луғати фурс»''-и Асадии Тӯсӣ (саҳ. 73) – барои ''«гунҷишк»'' на ''«ванҷ»'', балки ''«вунҷ»'' омадааст, ва азбаски дар хатти арабӣ навишти ин ду вожа якхела аст, ба андешаи муаллиф, дар фарҳангномаҳои баъдӣ ба ҷои ''«вунҷ»'' хатан ''«ванҷ»'' сабт гардидааст. Ин фарзияро ӯ бо далели дигар низ тақвият медиҳад: дар забони гуфтугӯии тоҷикӣ шаклҳои гуногуни калимаи ''«гунҷишк»'' – ''«вунҷишк»'', ''«бунҷишк»'', ''«гундишк»'' – ҳама пас аз ҳарфи аввал садоноки кӯтоҳи ''«у»''-ро мегиранд, на ''«а»''-ро. Аз ин муҳимтар, дар забони куҳани ванҷӣ худи вожаи ''«гунҷишк»'' тамоман калимаи дигаре буд – ''«курҷик»'' – монанди забони ҳамсояи имрӯзаи язғуломӣ (''«чуғак»'') ва шуғнонӣ (''«вудуч»''); агар водӣ ба номи ин парранда гузошта мешуд, мебоист ''«Курҷик»'' номида мешуд, на ''«Ванҷ»''.<ref name="ref1010" /> Ба ин тартиб, ба андешаи аксари муҳаққиқон, решаи бовариноктарини номи ''«Ванҷ»'' ҳамон вожаи ''«ван»'' ба маънои ''«бед»'' аст, ки дар забонҳои зиндаи имрӯзаи помирӣ низ боқӣ мондааст: шуғнонӣ ''«wank»'', бартангӣ ''«wanoch»'', рӯшонӣ ''«wanoj»'', орошорӣ ''«wanuj»''.<ref name="ref1010" />
Дар баробари ин, дар байни мардуми маҳаллӣ фарзияи дигаре низ роиҷ аст, ки тибқи он вожаи ''«ванҷ»'' муродифи калимаи ''«ганҷ»'' (яъне ''«хазина»'') мебошад. Ҳайдаров ин фарзияро ба падидаи табдили овозҳои ''«в»''→''«г»''→''«к»'' дар лаҳҷаи маҳаллӣ пайванд медиҳад, ки намунаҳои он дар ҷуфти калимаҳои боқимондаи забони куҳани ванҷӣ, ки то имрӯз дар нутқи шифоҳии мардум ҳамроҳи муодилҳои тоҷикиашон истифода мешаванд (масалан, ''«сару мангал»'', ''«санди нозо»'', ''«кари шумук»'', ''«гарми тумухч»''), ба назар мерасад.<ref name="ref1010" /> Вожаи ''«ганҷ»'' то имрӯз дар нутқи мардуми Ванҷ серистеъмол буда, ҳатто баъзе хӯрокворӣ (мисли ширравған), меваҳо (мисли тут) ва анбори неъмат (''«ганҷур»'') бо ҳамин ном ёд мешаванд; ибораи қадимии ''«ванҷи ману ганҷи ман»'', ки зиёда аз ҳазор сол вирди забони мардум аст, низ, ба назари муаллиф, метавонад далели воқеии ин пайванди маъноӣ бошад.<ref name="ref1010" />
Номи Ванҷ соли 2023 ба бузургтарин лозури Помир низ гузошта шуд: 31 июли соли 2023 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии [[Тоҷикистон]] лозури Федченко расман Ванҷях номгузорӣ гардид.<ref name="ref1110">[https://khovar.tj/rus/2024/06/lednik-vandzhyah-odin-iz-samyh-bolshih-lednikov-tadzhikistana-i-gornyh-sistem-mira/ Ледник Ванджях -- один из самых больших ледников Таджикистана и горных систем мира] (рус.) // НИАТ «Ховар», 9 июни 2024. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="ref1210">[https://rus.ozodi.org/a/32555126.html СМИ: крупнейший на Памире ледник Федченко переименован в «Ванджях»] (рус.) // Радиои Озодӣ, 20 августи 2023. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Ҷойгоҳ ==
Ноҳияи Ванҷ бо сарзамини 4430,5 км² дар миёни қаторкӯҳҳои [[Дарвоз]] ва Язғулом воқеъ аст. Дар шимол бо [[Сангвор|ноҳияи Сангвор]] (Тавилдараи пешин), дар шарқ бо [[Мурғоб|ноҳияи Мурғоб]], дар ҷануб бо [[Рӯшон|ноҳияи Рӯшон]], дар ғарб бо ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ва дар ҷанубу ғарб, аз тариқи рӯди Панҷ, бо ноҳияи Дарвози вилояти [[Бадахшон|Бадахшони]] [[Афғонистон]] ҳаммарз мебошад.<ref name="ref1100" /> Марзи шарқии ноҳияро қаторкӯҳи Академияи илмҳо ташкил медиҳад.<ref name="ref1310">Republic of Tajikistan, map showing administrative division as of January 1, 2004, «Tojikkoinot» Cartographic Press, Dushanbe.</ref>
Аз шимолу шарқи ноҳия ба ҷанубу ғарби он рӯдҳои Ванҷ) ва Язғулом ҷорӣ мешаванд, ки ба рӯди Панҷ мерезанд. Сарзамини ноҳия ду водии нисбатан васеи Бадахшонро дар бар мегирад. Яке аз онҳо дараи рӯди Ванҷ аст, ки беш аз 150 км дарозо дорад ва аз лозурҳои Ҷамъияти ҷуғрофӣ, Хирсон ва Абдуқаҳҳор оғоз мегирад. Водии дигар дараи рӯди Язғулом аст, ки дар миёни қаторкӯҳҳои Язғулому Рӯшон ҷой гирифтааст. Ин ду водиро аз ҳамдигар қаторкӯҳи Ванҷ ҷудо мекунад.<ref name="ref1310" /> Баландии маҳал аз сатҳи дарё аз 1500 то 5000 метр мебошад.
Дар бораи сабаби номгузории қаторкӯҳҳои атрофи Ванҷ, Д. И. Эделман чунин таваҷҷуҳ медиҳад:
''«Названия хребтов в исконной топонимии не прослеживаются. Те наименования, которые мы видим сейчас на географических картах,— позднейшие. Они даны исследователями в основном по принципу смежности с той или иной долиной. Ванчский хребет отделяет Ванч от Язгулема, Язгулемский хребет — Язгулем от Рушана-Бартанга, Рушанский — долину Рушана от Гунта…»''
Тарҷума: ''«Номҳои қаторкӯҳҳо дар ҷойномҳоии аслӣ дида намешаванд. Номҳое, ки мо имрӯз дар харитаҳои ҷуғрофӣ мебинем, аз давраҳои баъдтаранд. Онҳоро муҳаққиқон асосан бар мабнои усули ҳамҷаворӣ бо ин ё он водӣ гузоштаанд. Қаторкӯҳи Ванҷ, Ванҷро аз Язғулом ҷудо мекунад, қаторкӯҳи Язғулом — Язғуломро аз Рӯшону Бартанг, қаторкӯҳи Рӯшон — водии Рӯшонро аз Ғунд…»''.<ref name="ref1100" />
Дарёи Ванҷ (Ванҷоб) 103 км дарозӣ ва 2070 км² ҳавзаи обғундорӣ дорад. Он аз ҳамроҳшавии ду шохоб падид меояд: яке аз лозурҳои нишебии шимолии қаторкӯҳи Ванҷ сарчашма мегирад, дигаре бошад – аз нишебиҳои ғарбии қаторкӯҳи Академияи илмҳо. То резишгоҳи шохоби Кашолаях худи дарё номи Абдуқаҳҳорро дорад; танҳо пас аз ҳамроҳ шудан бо ин шохоб он ба номи Ванҷоб мубаддал мегардад. Сарфи миёнаи солонаи об дар резишгоҳи дарё 49,4 м³/с аст.<ref name="ref1410">Ванч (рус.) // Большая советская энциклопедия. --- 3-е изд. --- М.: Советская энциклопедия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дарёи Язғулом 80 км тӯл кашида, масоҳати ҳавзаи он 1970 км²-ро ташкил медиҳад; қисми болоии он то ҳамроҳшавии дарёи Ракзов Мазордара номида мешавад, сарфи миёнаи об дар поёноби дарё 36,2 м³/с буда, ғизои дарёҳои ноҳия асосан барфию лозурист ва сермобтарин моҳ июл аст.<ref name="ref1100" />
Тавсифи муфассали гидрографии дарёи Ванҷро низ капитан Кузнецов ҳанӯз соли 1892 сабт кардааст. Ба гуфтаи ӯ, дарё аз ду шохоб — оби-Кашолаях (аз рост) ва оби-Абдуқаҳҳор (аз чап) — сарчашма мегирад, ки худ аз лозурҳои Куҳи-Лазурӣ об мегиранд, ва номи муосири шохоби ''«Абдуқаҳҳор»'', ки ҳанӯз дар гуфтаи боло зикр омада буд, маҳз бо ҳамин навиштаи асри XIX мутобиқат мекунад:
''«Рѣка оби-Ванчъ, берущая начало двумя рѣками: правой оби-Кашалъ-Аякъ и лѣвой оби-Абдукогоръ изъ ледниковъ Куи-Лазырь, течетъ въ юго-западномъ направленіи въ большинствѣ случаевъ разливаясь на много рукавовъ и образуя массу острововъ–тугаевъ.»''
Тарҷума: ''«Дарёи оби-Ванҷ, ки аз ду рӯд — рости оби-Кашолаях ва чапи оби-Абдуқаҳҳор — аз лозурҳои Куҳи-Лозурӣ сарчашма мегирад, дар самти ҷанубу ғарбӣ ҷараён дошта, дар аксари ҳолат ба бисёр шохобчаҳо тақсим мешавад ва анбӯҳи ҷазираҳо — тӯғайҳоро ба вуҷуд меорад»''.<ref name="ref1510">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 32.</ref> Кузнецов инчунин баландии рустоҳои соҳили дарёи Ванҷро аз сатҳи баҳр чен кардааст: аз резишгоҳи он ба Панҷ (5110 қадам) то рустоҳои Рохарв (6250 қадам), Бунай (6590 қадам), Техарв (7260 қадам), Старғ (7670 қадам) ва Ванван (8020 қадам); ва дар бораи қаторкӯҳи байни Ванҷу Язғулом, ки имрӯз бо номи қаторкӯҳи Ванҷ маъруф аст, чунин навиштааст:
''«Горный хребетъ, расположенный между рѣками Ванчъ и Язгулемъ, носитъ названіе Ванчскаго. Восточная его часть покрыта вѣчными снѣгами и ледниками, западная – скалистая. Растительности на немъ нѣтъ никакой.»''
Тарҷума: ''«Қаторкӯҳе, ки миёни дарёҳои Ванҷу Язғулом воқеъ аст, номи Ванҷро дорад. Қисми шарқии он бо барфу лозурҳои ҷовидона пӯшида аст, қисми ғарбӣ бошад — сахраист; дар он ҳеҷ гуна рустание вуҷуд надорад»''.<ref name="ref1100" />
Ванҷ дар соҳили яке аз шохобҳои бузурги рости дарёи Панҷ (болооби Ому), ки бо номи Ванҷоб маъруф аст, ҷой гирифтааст. Масофа аз маркази ноҳия то шаҳри Хоруғ 176 км ва то шаҳри [[Душанбе]] 387 км аст.
Тавсифи аввалини илмии ҷуғрофии қаторкӯҳҳои иҳотакунандаи водии Ванҷ ба шарқшиноси рус А. А. Семёнов тааллуқ дорад, ки соли 1898 дар доираи экспедитсияи расмии граф А. А. Бобринский аз ин минтақа дидан карда буд. Ӯ дар китоби худ навиштааст:
''«Часть Дарваза по правую сторону Пянджа (Сѣверный Дарвазъ) занимаетъ западный склонъ Памирскаго плоскогорья: этотъ край изрѣзываютъ глубокими долинами рѣкъ: Пянджа и его притоковъ справа: Оби-Хингоу, Ванджа и Язгулина. Водораздѣломъ этихъ рѣкъ служатъ два высокихъ хребта: Дарвазскій, между рр. Оби-Хингоу и Ванджемъ, и Ванджскій,–между долинами Ванджа и Язгулина... Въ верховьяхъ Ванджа всѣ упомянутыя горныя цѣпи сходятся въ одинъ узелъ и сливаются съ Памирами.»''
Тарҷума: ''«Қисми Дарвоз, ки дар канори рости Панҷ ҷойгир аст (Дарвози Шимолӣ), нишеби ғарбии баландсаҳрои Помирро фаро мегирад: ин канораро водиҳои амиқи дарёҳо буридаанд – Панҷ ва шохобҳои рости он: Оби-Хингов, Ванҷ ва Язғулом. Марзи обҷудокунии ин дарёҳоро ду қаторкӯҳи баланд ташкил медиҳанд: Дарвоз – миёни рӯдҳои Оби-Хингову Ванҷ, ва Ванҷ – миёни водиҳои Ванҷу Язғулом... Дар болооби Ванҷ ҳамаи ин қаторкӯҳҳои зикршуда ба як гиреҳ мепайванданд ва бо Помир мепайванданд»''.<ref name="ref1610">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 6.</ref>
Дар ҳамин гиреҳи кӯҳӣ, ки қаторкӯҳҳои Ванҷу Дарвоз бо Помир мепайванданд, Семёнов ағбаи баландеро ба қайд гирифтааст, ки ба болооби Ванҷ мебарад: ''«Въ этомъ горномъ узлѣ лежить на высотѣ свыше 15 тыс. футовъ надъ уровнемъ моря перевалъ Сытаргй въ долину р. Вандж, или Ванча»'' – тарҷума: ''«Дар ҳамин гиреҳи кӯҳӣ, дар баландии зиёда аз 15 ҳазор фут аз сатҳи баҳр, ағбаи Сытаргӣ ба водии дарёи Вандж (Ванҷ) ҷойгир аст»''.<ref name="ref1710">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 7.</ref>
=== Лозурҳо ва қуллаҳо ===
Болооби дараи Ванҷ, ки дар он ҷо рӯд номи Абдуқаҳҳор (Абдукагор)-ро дорад, аз калонтарин марказҳои лозурии Помир ба шумор меравад. Бузургтарин лозури ҳавзаи рӯди Ванҷ лозури Ҷамъияти ҷуғрофӣ мебошад, ки дар маҳалли пайвастшавии қаторкӯҳҳои Академияи илмҳо ва Дарвоз ҷой гирифта, дарозиаш 24,2 км ва масоҳаташ 64,4 км² аст. Ин лозур соли 1882 кашф гардида, соли 1928 ба шарафи Ҷамъияти ҷуғрофии [[Русия]] номгузорӣ шудааст.<ref name="ref1810">[https://rgo.ru/activity/redaction/news/lednik-geograficheskogo-obshchestva-na-pamire-taet/ Ледник Географического общества на Памире тает] (рус.) // Сомонаи расмии Ҷамъияти ҷуғрофии Русия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар ҳавзаи Абдуқаҳҳор, дар нишебии ғарбии қаторкӯҳи Академияи илмҳо, лозури Хирс (дар адабиёти илмии русӣ – Медвежий) воқеъ аст, ки бо ҳаракатҳои даврии ногаҳонии худ (сёрҷ) дар ҷаҳон шуҳрат дорад. Дарозии лозури Хирс 15,8 км ва масоҳаташ 25,3 км² аст; ҳавзаи барфии он дар баландии беш аз 5500 м бо ҳавзаи лозури Ванҷях (Федченко) муштарак буда, забонаи борику дарози он бо яхшораи (ледопад) 900-метра аз ҳавзаи ғизогирии фирнӣ ба дараи чуқур, то баландии 2900 м, фуруд меояд.<ref name="ref1910">Медвежий ледник // Словарь современных географических названий / Рус. геогр. о-во. Моск. центр; под общ. ред. акад. В. М. Котлякова. --- Екатеринбург: У-Фактория, 2006.</ref> Забонаи ин лозур дар зарфи чанд моҳ то 2 км ба поёни дара пеш рафта, маҷрои дарёи Абдуқаҳҳорро мебандад ва кӯли лозурӣ ба вуҷуд меоварад, ки шикофта шудани он ба обхезиҳои харобиовар дар водии Ванҷ оварда мерасонад. Чунин ҳаракатҳо дар солҳои 1916, 1937, 1951, 1963, 1973, 1989, 2001 ва 2011 ба қайд гирифта шудаанд.<ref name="ref206">[https://www.silkadv.com/en/content/lednik-medvezhiy-v-hrebte-akademii-nauk Ледник Медвежий в хребте Академии Наук] (рус.) // Silk Road Adventures. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ҳангоми ҳаракати соли 1963 лозур қариб 1,75 км пеш рафта, дараи Абдуқаҳҳорро баст ва дар он сол ду маротиба (19 июн ва 3 июл) обхезиҳои лозурӣ рӯй доданд. Соли 1973 садди яхине бо паҳноии тақрибан ним километр ва баландии саду панҷоҳ метр дараро банд карда, дар паси он кӯле бо чуқурии то 110 метр пайдо шуд; 19 июни соли 1973, вақте ки дар кӯл 27 млн м³ об ҷамъ омада буд, рахнашавии он ба амал омад.<ref name="ref212">[https://glaciallakes.narod.ru/articles/articl_other/3-1.htm Виноградов Ю. Б. Сведения о прорывах озёр, подпруженных ледниками] (рус.). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар қисмати шарқии қаторкӯҳи Язғулом, дар марзи ҷанубу шарқии ноҳия, қуллаи Истиқлол (то соли 2006 – қуллаи Революция; 6940 м) – чорумин қуллаи баланди Тоҷикистон қомат афрохтааст. Дар домани шимолии он лозури бузурги Федченко – дарозтарин лозури кӯҳии ҷаҳон берун аз минтақаҳои қутбӣ (77 км) оғоз меёбад.<ref name="ref222">[http://wiki.risk.ru/index.php/%D0%9F%D0%B8%D0%BA_%D0%A0%D0%B5%D0%B2%D0%BE%D0%BB%D1%8E%D1%86%D0%B8%D0%B8 Пик Революции] (рус.) // Wiki.risk.ru. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Ин лозур, ки соли 1878 онро Василий Ошанин кашф карда, ба шарафи табиатшинос Алексей Федченко номгузорӣ намуда буд, аз 31 июли соли 2023 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расман Ванҷях ном дорад.<ref name="ref1110" /><ref name="ref1210" /> Паҳноии миёнаи лозур 2 км ва ҳадди аксараш 5 км буда, ғафсии ях то 1 км ва ҳаҷми он ҳамроҳ бо шохобҳояш 144 км³ мерасад; лозур аз баландии 6200 м оғоз ёфта, забонааш то баландии 2909 м фуруд меояд ва дар силсилаи он 100 лозури хурду бузург, аз ҷумла 26 шохоби бевосита, ба ҳам пайвастаанд. Дар канори чапи лозур, дар баландии 4169 м, 7 августи соли 1933 истгоҳи гидрометеорологӣ кушода шуда буд, ки то соли 1995 бефосила кор кард ва соли 2004 дар доираи лоиҳаи байналмилалӣ дар он ҷо истгоҳи худкор насб гардид. Бар асари гармшавии иқлим лозур танҳо дар садаи XX дар танаи асосии худ тақрибан 15 км³ ях – даҳяки массаи худро – аз даст додааст.<ref name="ref1110" />
Тибқи баррасиҳои лозуршиносии охирин, масоҳати умумии лозури Ванҷях (Федченко) тақрибан 700 км² арзёбӣ мешавад ва ҳаҷми умумии яхи он, бар пояи ченкунии ғафсии қабати ях, 123,4 ± 28 км³ ҳисоб карда шудааст.<ref name="ref232">[https://www.cambridge.org/core/journals/journal-of-glaciology/article/evolution-of-fedchenko-glacier-in-the-pamir-tajikistan-during-the-past-eight-decades/0F2F382BD7954575E28B20128B7825E2 The evolution of Fedchenko glacier in the Pamir, Tajikistan, during the past eight decades] (англ.) // Journal of Glaciology. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар тӯли 93 соли мушоҳидаи илмӣ (1928-2021), суръати миёнаи тағйири баландии сатҳи лозур ба −0,46 метр дар сол расидааст, ҳарчанд дар ду фосилаи алоҳида – солҳои 1958-1980 ва 2010-2021 – коҳиши баландии забонаи лозур ду баробар аз меъёри дарозмуддат тезтар будааст.<ref name="ref242">[https://eartharxiv.org/repository/view/7474/ Multi-temporal elevation changes of Fedchenko Glacier, Tajikistan, from 1928 to 2021] (англ.) // EarthArXiv / Journal of Glaciology, 2024. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ченкуниҳои GNSS ва тасвирбардории радарии TanDEM-X нишон медиҳанд, ки мувозинати ҷирмии лозур аз −0,27 ± 0,05 метри муодили обӣ дар сол барои давраи 2000-2011 то −0,51 ± 0,04 метр дар сол барои давраи 2011-2016 бадтар шудааст, яъне суръати обшавии лозур дар даҳсолаи охир тақрибан ду баробар афзудааст.<ref name="ref252">Lambrecht A., Mayer C., Wendt A., Floricioiu D., Völksen C. Elevation change of Fedchenko Glacier, Pamir Mountains, from GNSS field measurements and TanDEM-X elevation models, with a focus on the upper glacier // Journal of Glaciology.</ref> Бо вуҷуди ин, азбаски забонаи лозур бо қабати ғафси хоку сангреза пӯшида аст, масоҳати намоёни он тайи даҳсолаҳо танҳо 1,4 фоиз тағйир ёфта, дар ҳоле ки ҳаҷми аслии яхи он коҳиши назаррас – тақрибан 5 км³ дар тӯли ҳашт даҳсола – доштааст.<ref name="ref232" /> Тибқи маълумоти барномаи UNEP GRID-Arendal, забонаи лозур аз соли 1933 инҷониб зиёда аз 1 километр ба ақиб нишастааст ва аз соли 1980 инҷониб тақрибан 50 метр паст шудааст.<ref name="ref262">[https://www.grida.no/resources/5274 Shrinking of Fedchenko Glacier in the Pamirs of Tajikistan] (англ.) // UNEP GRID-Arendal. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Пажӯҳиши соли 2026 дар маҷаллаи ''«Remote Sensing»'' доир ба ҳавзаи лозурии дарёи Вахш, ки низоми лозурии Ванҷях (Федченко)-ро низ фаро мегирад, нишон дод, ки масоҳати умумии лозурҳои ин ҳавза аз 4440,9 км² дар соли 2000 то 4087,1 км² дар соли 2018 коҳиш ёфта, барои соли 2025 тахминан 3955,2 км² пешбинӣ мешавад; яъне тайи солҳои 2000-2025 масоҳати умумии лозурҳо 485,7 км² (10,94 фоиз) кам шуда, коҳиши миёнаи солона ба 19,43 км² мерасад.<ref name="ref272">[https://www.mdpi.com/2072-4292/18/9/1436 Changes in Glaciers of the Vakhsh River Basin, Tajikistan Under Global Climate Change] (англ.) // Remote Sensing, ҷ. 18, № 9, мақолаи 1436, 2026.</ref>
Қисмати шарқии кӯҳистони ноҳия, аз ҷумла шарқи қаторкӯҳи Ванҷ ва минтақаи лозури Федченко, ба ҳудуди Боғи миллии Тоҷикистон дохил мешавад, ки соли 1992 таъсис ёфтааст ва моҳи июни соли 2013 таҳти унвони ''«Боғи миллии Тоҷикистон (кӯҳҳои Помир)»'' ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии [[ЮНЕСКО]] шомил гардид.<ref name="ref282">[https://news.un.org/ru/story/2013/06/1224271 Таджикский национальный парк «Горы Памира» включён в список Всемирного наследия ЮНЕСКО] (рус.) // Маркази ахбори СММ, июни 2013. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="ref292">[https://medt.tj/ru/tourism/tourism/1424-tajikskiy-natsionalniy-park-obekt-vsemirnogo-naslediya-unesco Таджикский национальный парк --- объект Всемирного наследия ЮНЕСКО] (рус.) // Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Заминҷунбӣ ===
Ноҳияи Ванҷ дар яке аз минтақаҳои аз ҷиҳати геологӣ мураккабтарин ва аз нигоҳи сейсмикӣ фаъолтарини Осиёи Марказӣ ҷой дорад<ref name="ref1862">[https://academic.oup.com/gji/article/240/3/2125/7984515 Identifying geological structures in the Pamir region using non-subsampled shearlet transform and gravity gradient tensor] // Geophysical Journal International, Oxford Academic. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref><ref name="ref1872">[https://www.mdpi.com/2072-4292/16/24/4771 Present-Day Tectonic Deformation Characteristics of the Northeastern Pamir Margin Constrained by InSAR and GPS Observations] // Remote Sensing (MDPI). Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>, ки ин пеш аз ҳама ба бархӯрди амиқи қитъаҳои литосфераии Ҳиндустон ва Авруосиё вобаста аст. Дар натиҷаи ин бархӯрд блоки Помир дар давоми кайнозои дер тақрибан 280–300 километр ба самти шимол рондашуда, деформатсияи бузурги тектоникиро дар зерминтақаи Ванҷу Язғулом ба вуҷуд овардааст<ref name="ref1882">[https://www.frontiersin.org/journals/earth-science/articles/10.3389/feart.2022.967529/full Two kinematic transformations of the Pamir salient since the Mid-Cenozoic: Constraints from multi-timescale deformation analysis] // Frontiers in Earth Science. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>. Деформатсияи сатҳии минтақа асосан тавассути шикастагии калони Дарвоз-Қарокӯл ва системаи шикастагиҳои дохилиқаторкӯҳии транстенсионӣ идора мешавад<ref name="ref1892">[https://pubs.geoscienceworld.org/gsa/geosphere/article/6/4/444/132380/Major-intracontinental-strike-slip-faults-and Major intracontinental strike-slip faults and contrasts in lithospheric strength] // Geosphere, GeoScienceWorld. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>, дар ҳоле ки заминҷунбиҳои чуқурии миёна дар зери минтақа бо равандҳои деламинатсия ва кандашавии (breaking-off) порчаи литосфераи Ҳиндукуш алоқаманд дониста мешаванд<ref name="ref1902">[https://refubium.fu-berlin.de/bitstream/handle/fub188/1258/Thesis_Kufner_Sofia.pdf Lithospheric structure and seismotectonic setting of the Hindu Kush, the Tajik-Afghan basin and the western Pamir from analysis] // Refubium, Freie Universität Berlin. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>.
==== Заминҷунбии 2 январи соли 2010 ====
Субҳи рӯзи шанбе, 2 январи соли 2010 (соати 07:15 бо вақти маҳаллӣ), дар шарқи Тоҷикистон заминларзае бо бузургии тахминан 5,3–5,4 ба вуқӯъ пайваст. Эпицентри он тақрибан 14 километр шимолтар аз маркази ноҳияи Ванҷ, дар координатаҳои 38,247° арзи шимолӣ ва 71,495° тӯли шарқӣ ҷойгир буд, гипоцентраш бошад дар умқи тақрибан 47 километр қарор дошт<ref name="ref1912">[https://reliefweb.int/disaster/eq-2010-000001-tjk Tajikistan: Earthquake - Jan 2010] // ReliefWeb. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>. Заминларза ба 23 деҳа дар ду ҷамоати ноҳия — ҷамоати ба номи Маҳмадулло Абдуллоев (собиқ Ванҷ) ва ҷамоати Язғулом — хисороти ҷиддӣ расонд<ref name="ref1922">[https://reliefweb.int/report/tajikistan/react-situation-report-no1-earthquake-vanj-district-gbao-province-tajikistan REACT Situation Report No.1: Earthquake in Vanj District, GBAO Province, Tajikistan] // REACT / ReliefWeb. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref><ref name="ref1932">[https://reliefweb.int/report/tajikistan/tajikistan-vanj-earthquake-situation-report-2 Tajikistan Vanj Earthquake Situation Report #2] // ReliefWeb. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>.
Тибқи гузоришҳои ибтидоии созмонҳои байналмилалӣ, офат ба 958 хоҷагӣ таъсир расонд; шумораи хонаҳои комилан харобшуда, ки дар рӯзҳои аввал 98 адад арзёбӣ шуда буд, дар натиҷаи давоми таконҳои пасозилзилавӣ то 140–162 адад афзоиш ёфт<ref name="ref1942">[https://www.ozodi.org/a/1920743.html Дар Ванҷ 98 манзил пурра тахриб шудааст] // Радиои Озодӣ. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref><ref name="ref1952">[https://reliefweb.int/report/tajikistan/tajikistan-vanj-earthquake-situation-report-3 Tajikistan Vanj Earthquake Situation Report #3] // ReliefWeb. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>. Дар маҷмӯъ, беш аз 1050 бино — аз ҷумла манзилҳои зист, се мактаб, тақрибан 30 бинои маъмуриву иҷтимоӣ, дармонгоҳи ноҳия ва бинои нозироти андоз — қисман ё пурра хароб гардиданд<ref name="ref1962">[https://www.ozodi.org/a/1920560.html Хисороти заминларзаи шадид дар Ванҷ] // Радиои Озодӣ. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref><ref name="ref1932" />. Аз 1134 то беш аз 20 000 нафар сокинон ба таври мустақим ё ғайримустақим зарар диданд; ҳамзамон, ин офат талафоти ҷонии марговар дар пай надошт ва танҳо 2 нафар ҷароҳат бардоштанд<ref name="ref1972">[[:ru:Землетрясение_в_Таджикистане_(2010)|Землетрясение в Таджикистане (2010)]] // Википедия (рус.). Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>. Зарари молиявӣ тахминан 1,5 миллион доллари амрикоӣ (тақрибан 16,2 миллион сомонӣ) арзёбӣ гардид<ref name="ref1972" />.
Дар асари таконҳо беш аз 2,5 километр хатҳои интиқоли барқ ва алоқа канда шуда, 13 сутуни барқӣ шикастанд, ки дар натиҷа маркази Ванҷ, Роғ ва Гишхун бидуни нерӯи барқ ва алоқаи телефонӣ монданд<ref name="ref1972" />. Сармои шадиди зимистон (то −24 °C дар шаб) вазъиятро боз ҳам мушкилтар гардонд; мардум аз тарси фурӯрезии минбаъдаи биноҳо шабҳои аввалро дар ҳавои кушод, дар хаймаҳо ва биноҳои камосебдида гузарониданд<ref name="ref1942" />. Дар моҳҳои баъдина силсилаи тӯлонии таконҳои пасозилзилавӣ идома ёфт<ref name="ref1982">[https://www.ozodi.org/a/1922938.html Рӯйдодҳои ҳафта дар оинаи матбуот] // Радиои Озодӣ. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>. Дар вокуниш ба офат, Ҳукумати Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва созмонҳои байналмилалӣ — аз ҷумла Федератсияи байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (IFRC), барномаи REACT ва Ташкилоти Ҷамъиятии Мададгори Мудофиа — амалиёти кумаки башардӯстонаро оғоз карданд, ки то 5 майи ҳамон сол идома ёфт<ref name="ref1922" /><ref name="ref1992">[https://khovar.tj/2010/01/ba-zarardidagoni-zaminlarzai-van-1206-k-1262-mak-az-t-1206-mm/ Ба зарардидагони заминларзаи Ванҷ кӯмак аз ТҶММ] // АМИТ «Ховар». Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>.
==== Хатарҳои дуюмдараҷа: сангрезиш ва ярч ====
Ба сабаби топографияи шадидан кӯҳистонии ноҳия, заминҷунбиҳо аксар вақт боиси сангрезиш мегарданд, ки ягона шоҳроҳи нақлиётии минтақа — шоҳроҳи Душанбе–Хоруғ — ро масдуд месозад. Ҳангоми таконҳои пасозилзилавии 6 январи соли 2010, сангрезише 3 километр қисмати шоҳроҳро дар километри 481-ум пӯшонд<ref name="ref2002">[https://khovar.tj/2010/01/kumitai-1202-olat-1202-oi-fav-1178-ulodda-tajyor-nest/ Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда тайёр нест] // АМИТ «Ховар». Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref><ref name="ref2012">[https://www.khf.tj/node/4686 КҲФ: Заминларза ва резиши санг дар кишвар. Талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар нест] // Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>. Мутахассисон ин хатарро бо фоҷиаи ярчи [[Ярчи Ҳоит|Ҳоит]] (10 июли соли 1949, заминларзаи бо бузургии 7,4–7,5), ки боиси марги тақрибан 7200 нафар гардида буд, муқоиса мекунанд<ref name="ref2022">[[:en:1949_Khait_earthquake|1949 Khait earthquake]] // Wikipedia (англ.). Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>.
==== Ҳодисаҳои сейсмикии баъдина (2015–2023) ====
Рӯзи 7 декабри соли 2015, заминларзае бо бузургии 7,2, ки маркази он дар наздикии кӯли [[Сарез]] ҷойгир буд, дар километрҳои 452 ва 462-юми шоҳроҳи Душанбе–Хоруғ дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ сангрезиши марговар ба вуҷуд овард, ки дар натиҷаи он як ронанда ҳалок ва якчанд мошини боркаш хароб гардид<ref name="ref2032">[https://khovar.tj/2015/12/van-barrasii-o-ibat-oi-ofati-tabi-dar-voh-r-bo-ramazon-ra-imzoda/ Ванҷ: Баррасии оқибатҳои офати табиӣ дар вохӯрӣ бо Рамазон Раҳимзода] // АМИТ «Ховар». Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>. Рӯзҳои 9 ва 21 марти соли 2023, ду заминларзаи дигар — яке бо бузургии 5,7 бо марказаш дар ҳудуди Боғи миллии Тоҷикистон ва дигаре бо бузургии 6,5 дар [[Ҳиндукуш|Ҳиндукуши]] Афғонистон — таконҳои шадидро дар саросари Помири Ғарбӣ, аз ҷумла дар ноҳияи Ванҷ, ба вуҷуд оварданд<ref name="ref2042">[https://www.aa.com.tr/ru/%D0%BC%D0%B8%D1%80/%D0%B2-%D1%82%D0%B0%D0%B4%D0%B6%D0%B8%D0%BA%D0%B8%D1%81%D1%82%D0%B0%D0%BD%D0%B5-%D0%BF%D1%80%D0%BE%D0%B8%D0%B7%D0%BE%D1%88%D0%BB%D0%BE-%D0%B7%D0%B5%D0%BC%D0%BB%D0%B5%D1%82%D1%80%D1%8F%D1%81%D0%B5%D0%BD%D0%B8%D0%B5-%D0%BC%D0%B0%D0%B3%D0%BD%D0%B8%D1%82%D1%83%D0%B4%D0%BE%D0%B9-5-7/2840674 В Таджикистане произошло землетрясение магнитудой 5,7] // Anadolu Ajansı. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref><ref name="ref2052">[[:ru:Землетрясение_в_Бадахшане_(2023)|Землетрясение в Бадахшане (2023)]] // Википедия (рус.). Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>.
==== Осебпазирии инфрасохтор ва чораҳои паст кардани хавф ====
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки қисми зиёди биноҳои харобшуда дар заминҷунбии соли 2010 хонаҳои анъанавии гилину похсагин буданд, ки аз нигоҳи муҳандисии сейсмикӣ муқовимати паст дошта, камарбандҳои оҳану бетонӣ надоранд<ref name="ref1972" />. Барои паст кардани хавфи минбаъда, Ҳукумати Тоҷикистон барномаҳои кӯчонидани аҳолиро аз минтақаҳои хатарноки экзогенӣ амалӣ месозад<ref name="ref1972" />.
== Иқлим ==
Иқлими ноҳияи Ванҷ қораӣ (континентӣ) аст; тобистонаш гарми бебориш, зимистонаш сарди камбарф; ҳарорати миёна дар моҳи июл 20-24 °C, дар январ аз −12 °C то −20 °C. Мизони борандагии солона 200-300 миллиметр аст. Баландиҳои 4000-5500 м марғзоранд, аз он болотар – тундраи кӯҳист. Дар баландкӯҳҳо иқлим ба куллӣ дигар аст: дар минтақаи лозури Ванҷях ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво ҳатто дар моҳҳои июн-сентябр ҳамагӣ +1,6 °C буда, миқдори солонаи боришот дар он ҷо ба 1192 мм мерасад, ки 99 дарсади он ба шакли барф меборад.<ref name="ref1110" />
=== Таснифи иқлимӣ ва механизмҳои ташаккулёбандаи он ===
Тибқи таснифи байналмилалии иқлимшиносии Кёппен-Гейгер (Köppen-Geiger), иқлими қисми асосии водиҳои поёнии ноҳияи Ванҷ ба гурӯҳи Dsa – ''«иқлими қораии мӯътадил бо тобистони гарму хушк»'' – мансуб дониста мешавад.<ref name="ref322">[[:en:Vanj_District|Vanj]] (англ.) // Wikipedia, the Free Encyclopedia. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ин рамз се хусусияти бунёдиро ифода мекунад: ҳарфи D нишон медиҳад, ки ҳарорати миёнаи сардтарин моҳи сол аз −3 °C поёнтар аст ва барф дар зимистон қабати устувор ташкил медиҳад, дар ҳоле ки гармтарин моҳ аз 10 °C болотар аст; ҳарфи s далолат мекунад, ки боришоти моҳи хушктарини тобистон ба маротиб камтар аз боришоти моҳи сербориштарини зимистону баҳор аст; ҳарфи a нишон медиҳад, ки ҳарорати миёнаи гармтарин моҳи сол аз 22 °C зиёдтар аст. Ин таснифот танҳо то баландиҳои тақрибан 2000-2500 метр эътибори комил дорад; бо боло рафтан аз ин сатҳ, иқлим ба категорияҳои сардтару намноки Dsb ва Dsc мегузарад, дар баландиҳои беш аз 3500-4000 метр ба категорияи E (иқлими тундраи кӯҳӣ) ва дар минтақаи лозурҳо, аз ҷумла дар ҳавзаи Ванҷях, ба категорияи EF (иқлими яхбандии доимӣ) табдил меёбад.<ref name="ref332">Outlook on climate change adaptation in the Central Asian mountains (англ.) // Carpathian Convention. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Иқлими ноҳия натиҷаи таъсири мутақобилаи се механизми асосии атмосферист. Дар фасли зимистон (аз ноябр то март) минтақа таҳти таъсири канораи ҷанубу ғарбии Антитсиклони Сибирӣ қарор мегирад, ки массаҳои ҳавоии сарду хушкро ба водиҳои Помир ворид карда, ҳавои софи вале шадидан сарди зимистонаро ба вуҷуд меорад.<ref name="ref342">Рамочная модель управления экологическими и социальными охранными мерами (РМУЭСОМ) (рус.) // ECDP.TJ. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар охири зимистону фасли баҳор, силсилабодҳои ғарбӣ (Westerlies), ки аз уқёнуси Атлантик ва баҳри Миёназамин ҷараён мегиранд, манбаи асосии намӣ ва боришот мебошанд; вақте ин сиклонҳо ба қаторкӯҳҳои баланди Ванҷу Язғулом бармехӯранд, раванди боришоти орографӣ (кӯҳсоз) рӯй медиҳад, ки боиси резиши миқдори зиёди борону барф мегардад. Дар моҳҳои июлу август бошад, гармшавии шадиди сатҳи замин дар биёбонҳои Афғонистону Эрон боиси пайдоиши минтақаҳои фишори паст мегардад, ки массаҳои ҳавоии тропикии хушкро ба минтақа ворид карда, равандҳои абрсозиро бозмедоранд ва давраи хушксолии тобистонаро фаро меоранд. Бо сабаби парокандагии шабакаи истгоҳҳои обуҳавосанҷӣ дар кӯҳистони Помир, таҳлили дақиқи микроиқлимҳои алоҳида – ҳатто бо истифода аз пойгоҳҳои додаҳои глобалӣ ба монанди MERRA-2 – то ҳанӯз кори мураккабе боқӣ мемонад.<ref name="ref352">[https://www.nature.com/articles/s41598-025-86366-4 Modeling of historical and future changes in temperature and precipitation in the Panj River Basin in Central Asia under the CMIP5 RCP and CMIP6 SSP scenarios] (англ.) // PMC. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Низоми ҳарорат ===
Маълумоти мушаххаси истгоҳҳои метеорологии маҳаллӣ манзараи дақиқтари низоми ҳароратиро пешкаш мекунанд. Тибқи таҳлили илмии соли 2024, ки бар асоси мушоҳидаҳои истгоҳи обуҳавосанҷии Хумроғӣ (воқеъ дар ҳавзаи болооби рӯди Ванҷ) анҷом дода шудааст, ҳарорати миёнаи солона дар ин минтақа тақрибан ба +9,9 °C баробар аст.<ref name="ref362">[https://www.mdpi.com/2072-4292/16/10/1730 Murodov, M.; Li, L.; Safarov, M.; Lv, M.; Murodov, A.; Gulakhmadov, A.; Khusrav, K.; Qiu, Y. A Comprehensive Examination of the Medvezhiy Glacier\\\'s Surges in West Pamir (1968--2023)] (англ.) // Remote Sensing. --- 2024. --- Ҷ. 16, № 10. --- Мақолаи 1730. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Гармтарин моҳи сол июл буда, ҳарорати миёнаи он ба +23,0 °C мерасад,<ref name="ref362" /> баъзе манбаъҳои дигар ҳарорати миёнаи июлро дар маркази ноҳия то +25 °C арзёбӣ мекунанд.<ref name="ref322" /> Тибқи маълумоти сомонаҳои обуҳавосанҷии оммавӣ, дар давоми рӯзҳои гарми тобистон (масалан, дар охири июлу аввали август) ҳарорати нимирӯзӣ метавонад ба таври муназзам то +27...+32 °C боло равад.<ref name="ref372">[https://www.gismeteo.ru/weather-vanch-336641/ Погода в Ванче сегодня] (рус.) // Gismeteo. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Сардтарин моҳи сол январ аст, ки тибқи маълумоти истгоҳи Хумроғӣ ҳарорати миёнааш аз −4,9 то −5,0 °C-ро ташкил медиҳад.<ref name="ref362" /><ref name="ref322" /> Ин рақам аз тавсифи умумии дар боло овардашуда (аз −12 то −20 °C), ки маъмулан дар сарчашмаҳои донишномавӣ дар бораи маркази ноҳия дода мешавад, фарқи назаррас дорад; чунин ба назар мерасад, ки ин тафовут на ихтилофи асл, балки натиҷаи фарқи мавқеи чен ва усули ҳисоб бошад – рақами дуюм эҳтимолан ба ҳарорати шабонаи ниҳоии сардтарин рӯзҳо ё ба минтақаҳои баландтари ноҳия дахл дорад, дар ҳоле ки рақами якум ҳарорати миёнаи моҳонаро дар як истгоҳи мушаххас инъикос мекунад. Муҳимтарин хусусияти ин иқлим амплитудаи миёнаи солонаи ҳарорат аст, ки ба 27,9 °C мерасад ва гувоҳи равшани набудани таъсири мӯътадилкунандаи баҳрҳо мебошад.<ref name="ref362" />
Ҳароратҳои фавқулода низ ба қайд гирифта шудаанд: тибқи як ҳуҷҷати арзёбии экологию иҷтимоӣ, дар моҳи июли соли 2013 ҳарорати ҳаво дар ноҳия то +36,6 °C расидааст, дар ҳоле ки дар моҳи январи соли 2012 пасттарин ҳарорати мутлақ −20,5 °C ба қайд гирифта шуд;<ref name="ref342" /> тафовути миёни ин ду нишондиҳанда – беш аз 57 дараҷа – худ далели равшани шиддати иқлими қораии кӯҳистонии ноҳия аст.
Бо ҳар 100 метр болоравии баландӣ, ҳарорати ҳаво, тибқи қонунияти умумии физикаи атмосфера, ба ҳисоби миёна 0,6 °C коҳиш меёбад; маҳз ҳамин градиенти амудӣ сабаб мешавад, ки дар ҳоле ки дар маркази ноҳия тобистон гармои то 30 дараҷа ҳукмфармост, дар баландиҳои болои 4000 метр шароити наздик ба зимистон боқӣ мемонад. Дар минтақаи лозури Ванҷях, тавре ки дар боло зикр гардид, ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво ҳатто дар моҳҳои июн-сентябр ҳамагӣ +1,6 °C-ро ташкил медиҳад, ки шабнаму яхбандии шабонаро дар он ҷо ҳатто дар авҷи тобистон табиӣ мегардонад.
=== Боришот ва намнокии ҳаво ===
Тақсимоти боришот дар ноҳияи Ванҷ, мисли ҳарорат, ба таври шадид вобаста ба баландӣ тағйир меёбад. Тибқи маълумоти истгоҳи Хумроғӣ, боришоти миёнаи солона дар ҳавзаи болооби рӯди Ванҷ ба 341 мм мерасад,<ref name="ref362" /> дар ҳоле ки дар қисматҳои поёнии водӣ ин рақам ба 200-300 мм наздик аст (ниг. боло), ва дар баъзе минтақаҳои миёнакӯҳ, тибқи баъзе сарчашмаҳо, то 626 мм низ мерасад.<ref name="ref322" /> Хусусияти муҳимтарин на ҳаҷми умумии боришот, балки тақсимоти бениҳоят нобаробари он дар тӯли сол аст: моҳи сербориштарин март буда, ба ҳисоби миёна 64 мм боришот дорад ва бо обшавии ҳамзамони барфҳои кӯҳӣ сатҳи оби Ванҷобу Язғуломро кескин боло мебарад; моҳи хушктарин бошад, август аст, ки миқдори боришот дар он ҳамагӣ ба 1 мм мерасад.<ref name="ref362" /> Тафовути 63-миллиметра миёни ин ду моҳ нишондиҳандаи равшани хушксолии мутлақи тобистона мебошад.<ref name="ref362" />
Намнокии нисбии ҳаво низ ба ҳамин ритми мавсимӣ пайравӣ мекунад: дар авҷи тобистон он метавонад то 18-24 фоиз коҳиш ёбад,<ref name="ref382">Погода в Ванче (Таджикистан) (рус.) // JSPRAV.ru. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> ки боиси бухоршавии босуръати намӣ аз сатҳи хоку баргу набот гардида, эҳтиёҷи кишоварзиро ба обёрии сунъӣ хеле меафзояд. Дар муқобил, дар минтақаи баландкӯҳии лозури Ванҷях, тавре ки дар боло омад, миқдори солонаи боришот ба 1192 мм мерасад, ки 99 дарсади он ба шакли барф меборад – рақаме, ки таъсири орографии (кӯҳсози) қаторкӯҳҳои Ванҷу Академияи илмҳоро ба таври возеҳ нишон медиҳад: ҳангоме ки массаҳои ҳавоии намнок ба ин деворҳои азим бармехӯранд, ба боло ҳаракат карда, сард мешаванд ва намии худро дар шакли боришоти шадид дар минтақаҳои баландтар мепартоянд, дар ҳоле ки водиҳои поёнӣ дар ''«сояи боришот»'' боқӣ мемонанд.
Хоки водиҳо ҷигарӣ ва чаманзорӣ (чимтолӣ); хоки кӯҳҳо ва нишебиҳои онҳо даштӣ ва марғзору баландкӯҳ, ҷо-ҷо регзор аст. Аксари хокҳо серсанганд.
Дар водиҳо набототи даштӣ, дар кӯҳҳо ва доманаи онҳо дарахтони бед, арча, сафедор, буттаҳои ангат, зирк, бушол, настаран; дар баландии 2000-4000 м камол, юған, торон, ревоҷ (чукрӣ), куруш, фарк, курт, бодом, жағн, тӯс (буруҷ) ва ғайра мерӯянд. Дар водии Ванҷ дарахтони мевадор, аз қабили тут, зардолу, себ, чормағз хеле фаровонанд ва ҳосили хуб медиҳанд.
Аз ҳайвоноти ваҳшӣ паланг, хирс, гург, шағол, рӯбоҳ, оҳу, суғур, заргӯш, аз парандагон гунҷишк, ғулба, кабки реза, кабки дарӣ (ҳилол), кафтар, боз, ғалевоз, уқоб ва ғайра вомехӯранд.
=== Минтақабандии амудии эко-иқлимӣ ===
Бо сабаби тафовути шадиди баландӣ – аз 1500 метр дар қисматҳои поёнии водӣ то беш аз 6000 метр дар қуллаҳо – иқлими ноҳияи Ванҷ якранг нест, балки аз занҷираи пайдарпайи минтақаҳои эко-иқлимӣ иборат аст, ки ҳар кадоме шароити хоси гармову намнокӣ ва набототу ҳайвоноти мувофиқи худро доранд.
Дар баландии 1500-2000 метр, дар водиҳои Ванҷу Водхуд, иқлим гармтарину мусоидтарин аст; маҳз дар ҳамин минтақа, тавре ки дар боло зикр шуд, дарахтони меваовар – тут, зардолу, себу чормағз – ҳосили фаровон медиҳанд. Аз баландии 2000 то 4000 метр иқлим сардтар мешавад ва набототи дарахтии гармидӯст ҷои худро ба буттаву гиёҳҳои тобовар ба хушкии тобистона медиҳад; маҳз ҳамин минтақа, тибқи таҳқиқоти экологии барномаҳои ҷаҳонии ҳифзи табиати Осиёи Марказӣ, макони зисти намудҳои нодири эндемикӣ – аз ҷумла гиёҳи [*Nepeta badachschanica]* ва шабпараки нодири кӯҳӣ [*Parnassius autocrator]* – маҳсуб мешавад.<ref name="ref392">[https://portals.iucn.org/library/node/48972 World Heritage thematic study for Central Asia] (англ.) // IUCN Portals. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар баландии 4000-5500 метр, дар минтақаи тундраи кӯҳӣ ва марғзорҳои алпӣ, набототи дарахтӣ комилан аз байн меравад ва танҳо гиёҳҳои пастқад, ушна ва сангфаш (лишайник) боқӣ мемонанд; фаунаи ин минтақа – аз ҷумла паланг, хирс, суғур ва кабки дарӣ (ҳилол) – бештар дар фасли тобистон ба ин баландиҳо мебарояд ва бо фарорасии зимистон ба минтақаҳои поёнии гармтар муҳоҷирати амудӣ мекунад.<ref name="ref392" /> Ниҳоят, аз баландии 5500 метр боло, дар минтақаи нивалӣ-лозурӣ, олами яхбандии доимӣ оғоз мешавад, ки ба иқлими қутбҳои Замин монандӣ дорад ва манбаи асосии ғизогирии лозурҳои бузурги ноҳия, аз ҷумла лозури Ванҷях, ба шумор меравад.
=== Хатарҳои гидрометеорологӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ===
Иқлими шадидан қораии ноҳияи Ванҷ, ки бо боришоти пуршиддати баҳорӣ ва хушксолиҳои шадиди тобистона тавсиф мешавад, минтақаро ба яке аз осебпазиртарин ноҳияҳо аз лиҳози хатарҳои гидрометеорологӣ дар тамоми ҳавзаи рӯди Панҷ табдил додааст.<ref name="ref402">Climate Change Vulnerability Assessment Republic of Tajikistan: Building Climate Resilience in the Pyanj River Basin (англ.) // Climate Investment Funds (CIF). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ду омили асосии иқлимӣ сабабгори аксари сел ва обхезиҳо мебошанд. Аввал, вақте ки боришоти шадиди баҳорӣ бо баландшавии ногаҳонии ҳарорат ҳамроҳ мешавад, барфҳои нишебиҳои кӯҳӣ босуръат об шуда, заминро аз ҳад зиёд сернам мекунанд ва ба лағжиши қабатҳои замин ва фаромадани селҳои лойқадор оварда мерасонанд.<ref name="ref362" /> Дуюм, ҳангоме ки ҳарорати нимирӯзии тобистона ба атрофи +30 °C мерасад, суръати обшавии лозурҳо ба ҳадди аксар расида, метавонад боиси обхезиҳои ногаҳонии кӯлҳои лозурӣ гардад,<ref name="ref382" /> падидае, ки, тавре ки дар бахши ''«Лозурҳо ва қуллаҳо»'' зикр гардид, дар мисоли лозури Хирс борҳо ба амал омадааст.
Тибқи арзёбии осебпазирии иқлимӣ, ки дар доираи лоиҳаи минтақавии ''«Ташаккули устувории иқлимӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ»'' анҷом дода шудааст, деҳаҳои ноҳияи Ванҷ, аз ҷумла дар ҷамоатҳои Водхуду Язғулом, дар қатори минтақаҳои дорои хатари миёна ва баланди зарар аз сел ва обхезӣ гурӯҳбандӣ шудаанд.<ref name="ref402" /><ref name="ref412">[https://www.adb.org/projects/45354-002/main 45354-002: Building Climate Resilience in the Pyanj River Basin] (англ.) // Asian Development Bank. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Барои коҳиш додани ин осебпазирӣ, дар доираи лоиҳаҳои байналмилалии мутобиқшавӣ ба иқлим, дар ҳудуди ҷамоати Водхуд корҳои мустаҳкамкунии соҳили рӯди Ванҷоб ва барқарорсозии лӯлаҳои оби полезӣ анҷом дода шудаанд, ки ҳадафи онҳо ҳифзи заминҳои кишоварзӣ аз сел ва кафолати таъминоти об дар давраҳои хушксолии шадид мебошад.<ref name="ref402" /> Ин гуна тадбирҳои инфрасохторӣ, дар якҷоягӣ бо гузариш ба неруи барқи хурди обӣ (ниг. бахши ''«Энергетика»'') ва вобастагии иқтисоди хонаводаҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ (ниг. бахши ''«Муҳоҷирати меҳнатӣ»''), нишондиҳандаи равшани он мебошанд, ки иқлими шадиди кӯҳистонӣ на танҳо омили табиӣ, балки муайянкунандаи асосии тарзи зиндагӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ванҷ боқӣ мемонад.
{| class="wikitable"
!'''Ҷадвали 1. Хулосаи нишондиҳандаҳои иқлимии ноҳияи Ванҷ'''<ref name="ref362" /><ref name="ref322" /><ref name="ref342" /><ref name="ref372" /><ref name="ref382" />
|-
|'''Нишондиҳанда'''
|'''Қимат'''
|'''Тавзеҳ'''
|-
|Ҳарорати миёнаи солона
| +9,9 °C
|Истгоҳи Хумроғӣ
|-
|Ҳарорати миёнаи июл (гармтарин моҳ)
| +23,0...+25,0 °C
|Хумроғӣ / маркази ноҳия
|-
|Ҳарорати миёнаи январ (сардтарин моҳ)
|−4,9...−5,0 °C
|Истгоҳи Хумроғӣ
|-
|Амплитудаи миёнаи солонаи ҳарорат
|27,9 °C
|Нишондиҳандаи иқлими қораӣ
|-
|Максимуми мутлақ (рекорд)
| +36,6 °C
|Июли соли 2013
|-
|Минимуми мутлақ (рекорд)
|−20,5 °C
|Январи соли 2012
|-
|Боришоти солона (Хумроғӣ)
|341 мм
|Ҳавзаи болооби рӯди Ванҷ
|-
|Моҳи сербориштарин
|64 мм
|Март
|-
|Моҳи хушктарин
|1 мм
|Август
|-
|Намнокии нисбии ҳаво дар тобистон
|18-24 %
|–
|}
== Таърих ==
Ванҷ таърихи чандинҳазорсола дорад, ки осори таърихии он то ҳол пойбарҷоянд, аммо касе аз донишмандони таърих ва бостоншиносони тоҷик ба пажӯҳиши ҷиддии ин ганҷинаи таърих домани ҳиммат барназадааст. Сағонаҳо ва дахмаҳои Ванҷ худ далели ошкори таърихи чандҳазорсолаи ин куҳанбуманд. Бо ин ҳама, таърихи навини водӣ дар осори муаррихони тоҷик – мақолаи академик [[Раҳим Масов]] ''«Оид ба таърихи водии Ванҷ»'' ва китобҳои профессор [[Ҳайдаршо Пирумшоев]] – мавриди баррасии махсус қарор гирифтааст.<ref name="ref422">Масов Р. М. К истории Ванчской долины // Мероси ниёгон. --- Душанбе, 1999. --- № 4. --- С. 20--30.</ref><ref name="ref210" />
Сарнавишти таърихии Ванҷ аз дигар мавзеъҳои тоҷикнишини Бухорои Шарқӣ ва ғарби Бадахшон чандон фарқе надошт. Фоҷиаҳое, ки дар ин ё он гардиши таърихӣ, мисли ҳуҷуми муғулҳо, темуриён ва тозиши дигар қабилаҳои кӯчии туркнажод ва хунрезиҳои ваҳшиёна дар давраи парокандагии феодалӣ рух доданд, бар ин сарзамин бетаъсир набуданд. Тоҷиконе, ки зери таъқибу фишори аҷнабиён қарор гирифта буданд, барои ҳифзи ҷони худ ба тагнои ин дараҳои дастнорас, ба каронаҳои рӯдҳои кӯҳӣ паноҳ бурданд ва ба ҷойҳои дурдасте кӯчиданд, ки сокинони маҳаллӣ дар он солиёни дароз бо кӯшишу ранҷи сахт қитъаҳои хурди заминро барои кишт созгор мекарданд.
Далели мустақими мардумшиносии ин падидаи муҳоҷират аз ҷониби шарқшиноси рус А. А. Семёнов, ки соли 1898 дар доираи экспедитсияи расмии граф А. А. Бобринский ба кӯҳҳои Зарафшону [[Қаротегин|Қаротегину]] Дарвоз сафар карда буд, сабт гардидааст:
''«Обитатели долины Ванджа говорили, что ихъ долина заселена недавно, лѣтъ сто тому назадъ, выходцами съ Хингоба. Это переселеніе, замѣтимъ, на Вандж съ Хингоба продолжается, вѣроятно, и до сихъ поръ: намъ здѣсь приходилось встрѣчать много туземцевъ, которые родились въ долинѣ Хингоба и недавно переселились на Ванджъ. Туземцы Дарваза по Пянджу передавали, что ихъ отцы заселили правый берегъ рѣки, когда лѣвый былъ занятъ, и пришли сюда изъ долины Хингоба, туда же переселились съ Ях-Су.»''
Тарҷума: ''«Сокинони водии Ванҷ мегуфтанд, ки водии онҳо на чандон пеш, тахминан сад сол қабл, аз ҷониби муҳоҷирони аз Хингов омада маскун шудааст. Ин муҳоҷират, бояд қайд кард, аз Хингов ба Ванҷ, эҳтимол, то ба имрӯз низ идома дорад: мо дар ин ҷо бисёр сокинонеро вохӯрдем, ки худашон дар водии Хингов таваллуд шуда, ба наздикӣ ба Ванҷ кӯчида буданд. Сокинони бумии Дарвоз дар соҳили Панҷ нақл мекарданд, ки падарони онҳо соҳили рости дарёро – вақте ки соҳили чап аллакай ишғол шуда буд – маскун сохтаанд ва ба ин ҷо аз водии Хингов омада буданд, ки худ пеш аз он аз Ях-Су ба он ҷо кӯчида буд»''.<ref name="ref432">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 20.</ref> Ин маълумоти мардумшиносӣ, ҳарчанд бар асоси ривояти шифоҳии сокинон дар охири асри XIX сабт шуда ва набояд ҳамчун санади мутлақи таърихӣ пазируфта шавад, бо ин ҳама, бо тасвири умумии дар боло овардашуда – ки водиро паноҳгоҳи гурезагони кӯҳистонӣ аз минтақаҳои гуногун меҳисобад – ҳамоҳангии комил дорад. Дар бораи таърихи куҳантари Ванҷ ҳанӯз манбаъи мувассақе ба даст нарасидааст. Аммо аз таҳқиқоти донишмандони руси тоинқилобӣ ва муҳаққиқони аҳди шӯравӣ бармеояд, ки Ванҷ қариб то охири асрҳои миёна истиқлоли худро нигоҳ медошт. Ин назарро донишманди маъруф, мутахассиси таърихи Бухорои Шарқӣ ва Бадахшон Б. Искандаров чунин баён кардааст:<ref name="ref442">Искандаров Б. И. Восточная Бухара и Памир во второй половине XIX в. Ч. 1--2. --- Душанбе, 1962--1963.</ref>
Аз мулкҳои қаламрави Дарвоз сокинони Ванҷ нисбатан мустақилияти воқеъиро соҳиб буданд. Ин ноҳияро кӯҳҳои баланд иҳота мекунанд ва он аз шоҳроҳи пайвандгоҳи мулкҳои кишвар дар канор, дар наздикиҳои доманаи лозури Федченко ҷой дорад. Аз ин ҷиҳат мулки номбурда барои аҷнабиён дастнорас буд. Ба ин нигоҳ накарда, хонҳои Қӯқанд дар охири асри XVIII - ибтидои XIX борҳо барои ғасбу тобеъ намуданаш кӯшиш ба харҷ додаанд, вале ҳама талафоту харҷашон беҳуда анҷом ёфтааст.
Ванҷ дар замони истилои муғулон ва салтанати [[Темуриён]], [[Шайбониён]] ва [[Аштархониён]] ба таври расмӣ ҷузъи қаламрави онҳо шинохта мешуд, аммо амалан мустақил буд. Ин вазъиятро метавон дар замони ташаккули давлатдории Қӯқанд (авохири асри 18 - нимаи якуми асри 19) низ мушоҳида кард. Мувофиқи маълумоти маъхазҳо, Ванҷ то замони эътироф кардани ҳукумати шоҳи Дарвоз Исмоил (1845-1863) истиқлоли худро нигоҳ дошт. Дар замони ҳукмронии шоҳони вопасини Дарвоз (1863-1877) Ванҷ бахше аз қаламрави он ҳисоб меёфт. Баъд аз пайвастани Ванҷ ба Дарвоз иқтидори ҳокимони Дарвоз афзоиши чашмгире дошт, зеро бо ҳамроҳ шудани паҳлавонони ҳузарби ванҷӣ ба сафи лашкари Исмоилшоҳ имконоти ҷангии ӯ бамаротиб афзуд. Дар бораи муносибати мураккаби Ванҷ бо ҳокимони марказии Дарвоз, ки байни итоат ва муқовимат дар навасон буд, шаҳодати арзишманди дигаре аз офицери Штаби Генералии Русия, капитан А. Кузнецов боқӣ мондааст, ки соли 1892 ба таври пажӯҳиши ҳарбӣ аз Дарвоз дидан кардааст. Тибқи гузориши ӯ, гоҳе Шоҳони Дарвоз маҷбур мешуданд бар зидди бекҳои саркаши Ванҷ лашкар бифиристанд:
''«Тѣмъ не менѣе этимъ переваломъ во время оно Дарвозскіе Ша посылали войска съ артиллеріей въ Ванчъ на усмиреніе непокорныхъ бековъ, которые портили по Пянджу дорогу и занимали оборонительно тѣснины этой рѣки.»''
Тарҷума: ''«Бо ин ҳама, тавассути ҳамин ағба буд, ки замоне Шоҳони Дарвоз лашкар бо тӯпхона ба Ванҷ мефиристоданд, барои ба итоат овардани бекҳои саркаше, ки роҳи канори Панҷро вайрон мекарданд ва тангноҳои ин дарёро ба таври мудофиавӣ ишғол менамуданд»''.<ref name="ref452">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 12–13.</ref> Мисоли дигари ин рӯҳияи истиқлолхоҳонаи Ванҷ дар хотираи мардумӣ низ маҳфуз мондааст: тибқи иттилои Кузнецов, тахминан 120 сол пеш аз боздиди ӯ, яъне дар замони Шоҳ Иброҳими Дарвоз, ҳокими Ванҷ — Шабосхон — бо роҳи ағбаи Кашолаях ба Сариқул барои ғорати қирғизҳо лашкар кашида буд:
''«Послѣдній разъ этимъ переваломъ ходилъ управитель Ванча Шабосъ-ханъ въ Сары-Колъ грабить киргизъ. Это было 120 лѣтъ тому назадъ во время Дарвозскаго Ша-Ибрагима.»''
Тарҷума: ''«Бори охирин аз ҳамин ағба ҳокими Ванҷ, Шоҳаббосхон барои ғорати қирғизҳо ба Сариқул гузашта буд. Ин ҳодиса 120 сол пеш, дар замони Шоҳи Дарвоз Иброҳим, рӯй дода буд»''.<ref name="ref462">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 21–22.</ref>
Тибқи ривояти маҳаллӣ, ки муаррихон Р. Масов ва Ҳ. Пирумшоев дар асари бунёдии худ ''«Файзи истиқлол дар "Боми ҷаҳон"»'' сабт кардаанд, дар деҳаи Кулумбаи Боло то ба имрӯз нишонаҳои коркарди тилло боқӣ мондаанд, ки гӯё дар замони истилои муғулон навкарони Чингизхон мардуми маҳаллиро маҷбуран ба ин фаъолият сафарбар карда буданд.<ref name="ref472">Масов Р. М., Пирумшоев Ҳ. Файзи истиқлол дар «Боми ҷаҳон». --- Душанбе: Дониш, 2011. --- 412 с. --- ISBN 978-99947-2-004-0. --- С. 362--363.</ref> Ин ривоят нишон медиҳад, ки ҳарчанд қудратҳои бузург метавонистанд нуфузи худро ба таври муваққатӣ ва барои истихроҷи захираҳо таҳмил кунанд, онҳо ҳеҷ гоҳ натавонистанд назорати пурраи маъмуриро дар ин дараҳои маҳкам барқарор намоянд. Дар замони салтанати Темуриён низ, тибқи маълумоти муаррихи асримиёнагӣ Абдурраззоқи [[Самарқанд|Самарқандӣ]], агарчи минтақа расман дар итоати Темур буд, он аз ҷониби шоҳони маҳаллӣ идора мешуд ва ҳатто дар лашкари Темур ҳангоми муҳосираи Қалъаи Калот (соли 1381 милодӣ) дастаҳое аз сокинони Дарвозу Қаротегин хидмат мекарданд, ки гувоҳи иқтидори ҳарбии ин кӯҳистониён аст.<ref name="ref472" />
Дар охири асри XVIII ва нимаи якуми асри XIX хонҳои Қӯқанд якчанд маротиба кӯшиши тобеъ намудани Ванҷу Дарвозро ба харҷ доданд: дар замони салтанати Умархон (1810-1822) ва Мадалихон лашкаркашиҳои пайдарпай ба самти Қаротегину Дарвоз сурат гирифтанд; чунончи соли 1834 Мадалихон бо сарварии Машариф Атолиқ лашкари бузургеро барои саркӯб кардани шоҳзодагони фирории қӯқандӣ ба ин манотиқ фиристод, ки боиси даргириҳои шадид бо сипоҳиёни маҳаллӣ гардид.<ref name="ref482">Мудабирзода. Диссертатсия // Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш, 2025.</ref> Бо вуҷуди ин талошҳо ва хароҷоти зиёди ҳарбӣ, тавре ки дар боло аз қавли Искандаров зикр гардид, Ванҷ мустақилияти воқеии худро нигоҳ дошт.
Бо таваҷҷуҳ ба ин мавзӯъ, намояндаи расмии идораи Русия дар Туркистон Г. А. Арандаренко чунин қайд намудааст:
Дар давраи Исмоилшоҳ ба дарвозиён фурсат даст дод, ки ҳокимияти худро на танҳо дар Қаротегин ва Шуғнон густариш диҳанд, балки аз [[Кӯлоб|Кӯлобу]] [[Ҳисор]] низ боҷ биситонанд, гарчи дар муддати на чандон тӯлонӣ ҳам бошад.
Тибқи таҳқиқоти навтарин, Исмоилшоҳ дар авҷи иқтидори худ ба ин доираи васеъ ҳатто Рӯшонро низ тобеъ карда буд.<ref name="ref482" /> Вақте ки дар охирҳои солҳои 1860-ум ҳокимони Кӯлобу Ҳисор – Сарахон ва Абдулкаримбий – бо лашкари тахминан 50 ҳазор нафара ба муқобили ӯ бархостанд, Исмоилшоҳ бо дастгирии неруҳои содиқи худ, аз ҷумла паҳлавонони ванҷӣ, ба онҳо муқовимати шадид нишон дод.<ref name="ref482" />
Баъди ба Русия ҳамроҳ кардани Осиёи Миёна, амир Музаффар (1860-1885) бо дастгирии фармондори вилояти Туркистон манотиқи мустақиллу нимамустақилли Бухорои Шарқиро тасарруф кард ва нерӯҳои ҳарбии худро бо сарварии Худойназар (зимистони солҳои 1877-78) ба воситаи ағбаи Работ ба Қалъаи Хумб фиристод. Худойназар Қалъаи Хумбро ишғол кард, сипас ба самти Ванҷ ҳаракат намуд. Дар наздикии деҳаи Кеврон набарди сахте рӯй дод ва аскарони амир тавонистанд лашкари Дарвозро шикаст дода, таъқиби сарбозони боқимондаро идома диҳанд. Дастаи размандагони ихтиёрии Ванҷ ҳаракати сарбозони амирро дар назди Қалъаи Рохарв – маркази Ванҷ боздоштанд. Баъди муҳосираи бенатиҷаи қалъа сарбозони амир ба Қалъаи Хумб баргаштанд. Ванҷ баъди тобеъ шудани шоҳии Дарвоз боз ду сол истиқлоли худро нигоҳ дошт. Дар давраи салтанати сулолаи манғитиён Ванҷ яке аз амлокдориҳои нисбатан бонуфузи бекии Дарвоз ба шумор мерафт.
Амлокдори Ванҷро ''«мир»'' ва ё ''«шоҳ»'' меномиданд, яъне мири Ванҷ ё шоҳи Ванҷ. Вижагии вазифаи мирӣ дар Ванҷ дар ин буд, ки номзадии мири Ванҷро бо машварат ва ройзании шахсиятҳои бонуфузи маҳаллӣ пешбарӣ мекарданд, сипас мири Дарвоз бар ӯ мувофиқат мекард ва аз амири Бухоро таъйиди ниҳойӣ дарёфт мешуд. Ҷамъ намудани андоз ва уҳдадориҳои феодалӣ ба зиммаи мир гузошта шуда буданд.
Муҳимтарин санади таърихӣ, ки сохтори деҳаҳо ва демографияи ин давраро тасдиқ мекунад, ҳуҷҷати барӯйхатгирии саросарии [[Аморати Бухоро]] дар соли 1914 мебошад. Тибқи ин санад, ки 6-уми моҳи рабиъу-с-сонии соли 1332-и ҳиҷрӣ (мутобиқ ба марти соли 1914) аз тарафи беки Дарвоз Абдусатторбек Бийи Додхоҳ бо муҳр тасдиқ шудааст, маркази амлокдории Ванҷ расман дар деҳаи Рохарв (макони Қалъаи Ванҷ) сабт гардидааст.<ref name="ref492">Ванҷ ва Язгулом 112 сол пеш аз ин // Газетаи мардумии СССР. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ин рӯйхати нодир нишон медиҳад, ки аксари мутлақи деҳаҳои имрӯзаи водӣ ҳанӯз сад сол қабл бо ҳамон номҳои таърихии худ вуҷуд доштанд ва қисми узвии сохтори маъмурии амлокдорӣ буданд.<ref name="ref492" />
=== Санадҳои таърихӣ ва фармонҳои шоҳон ===
Илова бар санади расмии барӯйхатгирии Аморати Бухоро, дар Ванҷ намунаҳои қадимтари номанигории маҳаллӣ низ то замони мо расидаанд, ки худ аз сатҳи баланди фарҳанги хаттии минтақа ва мавҷудияти дастгоҳи мураттаби идоракунӣ дар назди шоҳони Дарвоз шаҳодат медиҳанд.
Аз ҷумла, дар фармони Маҳмудхон ибни Султон Маҳмудхон, ки ба соли 1293 ҳиҷрӣ (1876 милодӣ) тааллуқ дорад, ба сокинони қаламрави Ванҷ, аз ҷумла деҳаҳои Роғ ва Ускроғ, чунин эълон шудааст:
''«Ҳазрати воҷиб таоло... чун осори хидматгорӣ ва вазоифи ризоҷӯӣ аз ҷабини Исмоил ибни Додхо зоҳиру ҳувайдо гардида, ба ин тариқа ки дар ҷанги боғи Қалъаи Хум, ки миёни дарвозӣ ва кӯлобӣ воқеъ шуд ва далериҳо намуда, аспу аслиҳаи душманро ғанимат гирифта... мо ҳам лоиқи тарбият ва муносиби мурувваташ дида, як ҷомаи раъси алоча, ки солиёна амал дошт, маоф намуда, ба худаш бахшидем... Санаи 1293/1876. Мӯҳр: Маҳмудхон ибни Султон Маҳмудхон.»<ref name="ref209">"Намунае чанд аз услуби номанигорӣ ва санаднигории қабл аз омадани русҳо дар Ванҷ" (аз соли 1876 милодӣ) // Аз маводи бойгонии маҳаллии Ванҷ.</ref>''
Ин фармон, ки хидматҳои ҳарбии Исмоил ибни Додхоро дар ҷанги боғи Қалъаи Хум (миёни дарвозиён ва кӯлобиён) эътироф намуда, ӯро аз пардохти андози солонаи ҷома (маоф) озод мекунад, гувоҳи он аст, ки шоҳони Дарвоз низоми мукаммали мукофотдиҳӣ ва андозситонии феодалиро идора мекарданд.
Санади дигаре, ки ба соли 1824 милодӣ тааллуқ дорад, номаи сокинони Водхуд ба сокинони Пшихарв аст, ки дар он аз рабудану куштани чорвои ҳамдигар шикоят шудааст:
''«...аз қадимулайём мо-ён ба шумоён духтар дода, духтар гирифта. Чӣ шудааст, ки дар асри шумо оқсақолон ин тариқа корҳои беҳудаи фасодӣ ва дуздию ғорати бисёр пайдо шуда истодааст. Нарбузи Иброҳимро фармудед қасдан гирифта кушта хӯрдед...»<ref name="ref210" />''
Мавҷудияти чунин номаву фармонҳо, ки байни оилаҳои хешованди Пшихарву Водхуд – ки анъанан ба ҳамдигар духтар медоданду мегирифтанд – ҳам барои эълони мукофот ва ҳам барои ҳалли баҳсҳои ҳуқуқӣ истифода мешуданд, нишон медиҳад, ки дар Ванҷи пеш аз омадани Русия сокинон барои ҳалли масъалаҳои баҳсбарангез аз роҳҳои расмии ҳуқуқӣ ва анъанаи хаттӣ истифода мебурданд, на танҳо аз доварии урфӣ.
Сокинони водии Ванҷ [[Инқилоби Октябр|Инқилоби Октябрро]] нисбатан хуб пазируфтанд, вале пас аз муддати кӯтоҳе муборизони маҳаллии муқовимат, аз пайравони Фузайл Махсум ва дигарон, ки бо номи ''«босмачиён»'' маъруфанд, чандин бор бо Артиши Сурх ва давлати шӯравии мустақарр дар Ванҷ даргир шуданд. Дар ин даргириҳо барои дифоъ аз ҳукумати шӯравӣ фидоиёни маҳаллӣ, мисли М. Давлатов, С. Раупов, Т. Шарифов, В. Эҳсонов, У. Меҳралишоев, Ҷ. Сафоев, Қ. Собиров ва дигарон ширкат доштанд.
Тафсилоти иловагӣ дар бораи ҳамин рухдодҳо — аз ҷумла робитаи онҳо бо мудохилаи Британия дар минтақа — дар мақолаи Т. Г. Абаева дар бораи пажӯҳишҳои А. В. Станишевский омадааст:
''«Басмаческий налет весной 1929 г. на Гарм и на Ванчский район Западного Памира был осуществлен под руководством капитана Вуда-Балларда, помощника малакандского политического агента по Читральскому княжеству.»''
Тарҷума: ''«Ҳамлаи босмачиён дар баҳори соли 1929 ба Ғарм ва ба ноҳияи Ванҷи Помири Ғарбӣ таҳти роҳбарии капитан Вуда-Баллард, ёрдамчии агенти сиёсии малаканд оид ба амораи Читрал, амалӣ гардид.»''.<ref name="ref502">Абаева Т. Г. Исследования А. В. Станишевского (Азиза Ниалло) о Памире // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 281.</ref>
Бино бар сарчашмаҳои таърихӣ, дар асрҳои миёна Ванҷ се ниҳиштаи маъдани оҳансанг дошт. Ҳанӯз дар оғози асри XX истихроҷи оҳан, гудохтани он ва оҳангарӣ яке аз пешаҳои асосии мардуми маҳаллии Ванҷ буд, ки бо ин пеша манотиқи муҷовирро бо оҳан ва афзоли хоҷагӣ, асбоби кишоварзӣ, корду шамшер ва дигар аслиҳа таъмин мекарданд.<ref name="ref512">Камалиддинов Ш. С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX --- начала XIII вв. --- Ташкент: Ӯзбекистон, 1996.</ref> Ин касби мардумии ванҷиёнро шарқшиноси маъруф М. С. Андреев ҳанӯз соли 1926 дар рисолаи махсуси худ ''«Истеҳсоли оҳан дар водии Ванҷ»'' муфассал тавсиф кардааст.<ref name="ref522">Андреев М. С. Выработка железа в долине Ванча (верховья Аму-Дарьи). --- Ташкент, 1926.</ref>
Тибқи маълумоти иловагӣ дар бораи ин ҳунари мардумӣ, гудозиши оҳан дар кӯраҳои махсуси заминӣ - чиндонҳо, ки аз сангҳои тарошиданашуда ва гил сохта мешуданд, анҷом мепазируфт; оташро тавассути дамҳои аз пӯсти буз сохташуда меафрӯхтанд ва ҳамчун сӯзишворӣ аз ангишти чӯб ва барои афрӯхтани оташ, буттаи кӯҳии ''«пӯш»''-ро истифода мекарданд.<ref name="ref532">[https://istmat.org/files/uploads/43175/i.e.hodorov_tadzhikistan_v_narodnom_hozyaystve_sssr.pdf Ходоров И. Е. Таджикистан в народном хозяйстве СССР] (рус.) // Исторические материалы (istmat.org). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Як чунин кӯра тавоноӣ дошт, ки дар як шабонарӯз то 240 килограмм маъданро коркард намояд ва раванди пайвастаи гудозиш аз 2 то 5 шабонарӯз идома меёфт;<ref name="ref532" /> маҳз ҳамин технологияи маҳаллӣ ба Ванҷ имкон медод, ки аз воридоти металл аз берун вобаста набошад ва артиши худро бо аслиҳаи сард таъмин карда, худкифоии ҳарбию иқтисодиро кафолат диҳад.
Шаҳодати мустақил ва қадимтарини мустанад дар бораи ин анъанаи оҳангарӣ, ки бисту се сол пеш аз тадқиқоти Андреев сабт шудааст, аз гузориши капитан Кузнецов (соли 1892) бармеояд:
''«Серебро имѣется въ Джумарчскомъ амилякдарствѣ, свинецъ, олово у кишлака Вараунъ, желѣзо по р. оби-Ванчъ, главнымъ образомъ въ окрестностяхъ кишлака Техарви, кишлака Потау и кишлака Вань-Вань. Туземцы берутъ желѣзную руду, лежащую только на верхнихъ слояхъ земли; обжигаютъ ее въ особо-устроенныхъ печахъ, причемъ изъ 2 пудовъ руды получается желѣза полъ-пуда.»''
Тарҷума: ''«Нуқра дар амлокдории Ҷумарҷ мавҷуд аст, сурбу қалъагӣ — дар канори рустои Баравн, оҳан бошад — дар канори дарёи Ванҷ, асосан дар атрофи рустоҳои Техарв, Потов ва Ван-ван. Бумиён маъдани оҳанро, ки танҳо дар қабатҳои болоии замин ҷой дорад, бармедоранд; онро дар кӯраҳои махсус месӯзонанд, ки дар натиҷа аз ду пуд маъдан ним пуд оҳан ба даст меояд»''.<ref name="ref542">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 55–56.</ref> Кузнецов инчунин истихроҷи тиллоро дар ҳавзаи дарёи Ванҷ (дар канори Сағирдашту Язғулом), ки бо усули ибтидоии кӯшмаву ғалбер сурат мегирифт, тасвир кардааст ва аз байни ҳунарҳои дастии амлокдории Ванҷ, махсусан кордсозиро зикр намудааст:
''«Изъ кустарнаго производства обращаетъ на себя вниманіе только выдѣлка ножей въ Ванчскомъ амилякдарствѣ, да повсюду приготовленіе мату для одежды.»''
Тарҷума: ''«Аз ҳунарҳои дастӣ танҳо кордсозӣ дар амлокдории Ванҷ ва — дар ҳама ҷо — тайёр кардани мату барои либос таваҷҷуҳро ҷалб мекунад»''.<ref name="ref552">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 68.</ref>
Ванҷ аз замони [[Сомониён]] то соли 1877 ҳукумате мустақил дошта, фармонравоёни онро шоҳ мехондаанд. Соли 1878 амири Бухоро ба Дарвоз лашкар кашид ва пас аз хиёнати баъзе дарвозиён ба Дарвоз муставлӣ шуд; Дарвозро бекигарӣ ва Қалъаи Хумбро қароргоҳи урдуи манғитиён гардонд. Дарвоз тайи солҳои 1878-1920 яке аз бекигариҳои Бухоро буд ва бек дар Қалъаи Хумб менишаст ва мир хонда мешуд. Бо вуҷуди ин ҳама, Ванҷ зоҳиран дар итоати бекигарӣ буд, вале истиқлоли худро нигаҳ дошт ва пои шуми сипоҳи манғитиён ба Ванҷзамин нарасид.
Тафсилоти иловагӣ дар бораи лаҳзаҳои ниҳоии хонигарии мустақили Дарвоз низ дар ҳамин гузориши Кузнецов сабт шудааст. Тибқи маълумоти ӯ, дар арафаи суқут, аз тамоми қаламрави собиқи хонигарӣ ба охирин Шоҳи Дарвоз — Сераҷетдин — танҳо чанд мулки марказӣ, аз ҷумла худи Ванҷ, боқӣ монда буд:
''«...послѣднему дарвозскому Ша Сераджетдину принадлежали только Кала-и-Хумбъ, Ванчъ, Язулемъ, всѣ амилякдарства лѣваго берега Пянджа съ Хагономъ включительно, Хуллезъ и Вахія.»''
Тарҷума: ''«...ба охирин Шоҳи дарвозӣ Сироҷидин танҳо Қалъаи Хумб, Ванҷ, Язғулом, тамоми амлокдориҳои соҳили чапи Панҷ то Ҳагонро (Деҳагон, Деҳхагон) дар бар гирифта, инчунин Хулоз ва Вахё тааллуқ доштанд»''.<ref name="ref562">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 5.</ref> Ва ҳангоме ки соли 1878 сипоҳи бухороӣ бо сарварии Худойназар-Атолиқ ногаҳон ба Қалъаи Хумб наздик шуд, Сироҷидин-Шоҳ бидуни ҷанг таслим гардид, вале роҳи гурези худро маҳз аз тариқи Ванҷ интихоб намуд:
''«Сераджетдинъ-Ша сдалъ крѣпость безъ бою, а самъ бѣжалъ черезъ Ванчъ въ Кокандъ къ Худаяръ-хану.»''
Тарҷума: ''«Сироҷидин-Шоҳ қалъаро бидуни ҷанг таслим кард, худаш бошад, аз тариқи Ванҷ ба Қӯқанд, назди Худоёрхон гурехт»''.<ref name="ref572">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 6.</ref>
Соли 1895 бекигарии Дарвоз, ки дар ҳар ду канораи рӯди Панҷ қарор дошт, дар паи ҷаҳонгириҳои Русия ва Британия дупора гардид: канораи рост ба аморати Бухоро ва канораи чап ба Афғонистон дода шуд.<ref name="ref582">Постников А. В. Схватка на «Крыше Мира»: политики, разведчики и географы в борьбе за Памир в XIX веке. --- М.: Памятники исторической мысли, 2001. --- 416 с. --- ISBN 5-88451-100-0.</ref>
Ванҷ то соли 1920 амлокдории Қалъаи Ванҷи бекигарии Дарвози аморати Бухоро буд. Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 Ванҷ аз соли 1920 то 1924 чун тумани Ванҷ дар ҳайати вилояти Ғарми [[Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро]] ҷой дошт. Солҳои 1925-1926 Ванҷ чун ҷузъи тумани Қалъаихумби вилояти Ғарми ҶМШС Тоҷикистон ҳисоб меёфт. Солҳои 1926-1930 волости Ванҷ дар ҳайати ВМКБ буд. Солҳои 1930-1933 Ванҷ чун қисми ҳудуди ноҳияи Қалъаихумб бевосита дар тобеъияти ҷумҳурӣ буд.
Тибқи Қарори Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон аз 29 майи соли 1933, №46 расман ноҳияи Ванҷ таъсис ёфта, то соли 1937 дар тобеъияти бевоситаи ҷумҳурӣ қарор дошт. Дар асоси Қарори Президиуми КИМ-и Шӯроҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 августи соли 1937, №43 ноҳияи Ванҷ бо ҳамаи деҳшӯроҳояш: Ванҷ, Водхуд, Рованд, Техарв, Жовуд ва Язғулом расман ба ҳайати ҳудудии ВМКБ гузаронида шуд. Бино бар ин, ноҳияи Ванҷ ҳамчун воҳиди маъмурӣ дар ҳайати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 11 августи соли 1937 ташаккул ёфтааст.
{| class="wikitable"
!'''Ҷадвали 2. Таҳаввулоти маъмурию ҳудудии Ванҷ (то соли 1878 – соли 1937)'''
|-
|'''Марҳилаи таърихӣ'''
|'''Мақоми маъмурию ҳудудӣ'''
|'''Тобеияти давлатӣ/минтақавӣ'''
|-
|То соли 1878
|Мухторияти комил / Иттиҳод бо Дарвоз
|Идоракунии мустақил таҳти сарварии шоҳ
|-
|1878-1920
|Амлокдории Қалъаи Ванҷ
|Бекигарии Дарвоз, Аморати Бухоро
|-
|1920-1924
|Тумани Ванҷ
|Вилояти Ғарми Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро
|-
|1925-1926
|Ҷузъи тумани Қалъаихумб
|Вилояти Ғарми ҶМШС Тоҷикистон
|-
|1926-1930
|Волости Ванҷ
|Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
|-
|1930-1933
|Қисми ноҳияи Қалъаихумб
|Тобеияти бевоситаи ҶШС Тоҷикистон
|-
|29 майи 1933
|Ноҳияи Ванҷ (таъсиси мустақил)
|Тобеияти бевоситаи ҶШС Тоҷикистон
|-
|11 августи 1937
|Ноҳияи Ванҷ бо 6 деҳшӯро
|Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ)
|}
Дар нимаи солҳои 1950-ум сиёсати муҳоҷиркунонии аҳолии кӯҳистон ба водиҳои пахтакор ба Ванҷ низ бетаъсир намонд: соли 1954 сокинони водии Язғулом ба ноҳияи Куйбишеви водии Вахш кӯчонида шуданд. Гармои тоқатфарсо, беморшавии оммавӣ ва фавти зиёди кӯдакон ин муҳоҷиратро барои кӯчидагон фоҷиабор гардонд ва бахши зиёди онҳо тадриҷан ба зодгоҳи худ баргаштанд, ҳарчанд на ҳама; як ҷамоаи язғуломизабон то имрӯз дар водии Вахш боқӣ мондааст.<ref name="ref592">[https://iling-ran.ru/web/ru/scipop/blog/1911_edelman Из полевых записей середины прошлого века. Об экспедициях в язгулямский язык в 1950-х гг.] (рус.) // Сомонаи Пажӯҳишгоҳи забоншиносии Академияи илмҳои Русия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="ref602">[http://field-ling.moscow/c/language/yazghulami/ Язгулямский язык] (рус.) // Экспедиции Московской школы полевой лингвистики. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="ref612">Астрономические знания язгулемцев (рус.) // Восток (Oriens). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Осори таърихӣ ==
Дар қаламрави Ванҷ мавзеъ, осор ва ёдгориҳои таърихии бисёр вуҷуд доранд, вале то ҳол таҳқиқоти шоистае дар ин росто анҷом наёфтааст. Тибқи омори соҳаи сайёҳии ВМКБ, дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ ба ҳолати соли 2024 15 ёдгории таърихию фарҳангӣ ба қайд гирифта шудааст.<ref name="ref622">[https://ctd.tj/2024/03/30/%D1%85%D0%B0%D0%B1%D0%B0%D1%80-%D0%B0%D0%B7-%D2%B7%D0%B0%D2%B3%D0%BE%D0%BD-%D0%B0%D0%B7-%D1%82%D0%B0%D0%B1%D0%B8%D0%B0%D1%82-%D0%B1%D0%B0-%D1%81%D0%B0%D0%BD%D1%8A%D0%B0%D1%82%D0%B8-%D0%B8%D0%BD/ Аз табиат ба санъати инсонӣ: 7 муъҷизаи нави ҷаҳонӣ номида шуд] // Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30 марти 2024. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Барои дарки мантиқи ҷойгиршавӣ ва моҳияти ин осор, бояд заминаи таърихию сиёсии ташаккули онҳоро дарк намуд. Бино бар маълумоти таърихномаҳои асримиёнагӣ, дар садаҳои VII-VIII қаламрави кунунии Ванҷ ҷузъи вилояти таърихии Кумед буд, ки болооби дарёи Вахшро фаро гирифта, сарзамини имрӯзаи ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ва шимоли Бадахшонро дар бар мегирифт.<ref name="ref632">[[Таърихи Тоҷикистон]] // Википедиа. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Баъдтар, дар асрҳои миёна, Ванҷу Дарвоз як сарзамини воҳидро ташкил дода, бо номи ''«Курон»'' ёд мешуданд, ки маркази он деҳаи кунунии Кеврон будааст.<ref name="ref642">Таърихи шаҳр // Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Маҳз дар ин заминаи қадимии сиёсӣ, ки бо мустақилияти нисбии маҳаллӣ ва хатари доимии ҳуҷумҳои беруна тавсиф мешуд, эҳтиёҷ ба бунёди қалъаҳои мустаҳкам ба миён омад.
Пеш аз тавсифи муфассали Мушкетов, қадимтарин шаҳодати мустанади русиро дар бораи ин қалъа низ капитан Кузнецов дар гузориши соли 1892-и худ сабт кардааст. Ӯ зимни тавсифи амлокдории Ванҷ чунин навиштааст:
''«Ванчское амилякдарство расположено по р. Ванчъ и частью по правому берегу р. Пянджъ. Мѣстопребываніе амилякдара кишлакъ Кала-и-Рохарвъ (на нашихъ картахъ Кала-и-Ванчъ); имѣется небольшая крѣпостца.»''
Тарҷума: ''«Амлокдории Ванҷ дар канори дарёи Ванҷ ва қисман дар соҳили рости дарёи Панҷ ҷойгир аст. Маҳалли иқомати амлокдор рустои Қалъаи Рохарв аст (дар харитаҳои мо — Қалъаи Ванҷ); дар он қалъачаи хурде мавҷуд аст»''.<ref name="ref652">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 79.</ref>
Ин иттилои Кузнецов, ки бисту се сол пеш аз тавсифи муфассали Мушкетов сабт шудааст, собит месозад, ки номи ''«Қалъаи Ванҷ»'' барои Рохарв аллакай дар харитаҳои расмии охири асри XIX ба кор мерафт ва Рохарв аз ҳамон замон ҳамчун маркази маъмурии амлокдории Ванҷ шинохта мешуд.
Қалъаи Ванҷ дар баландии соҳили рости Ванҷоб, дар масофаи 15 км аз резишгоҳи он ба дарёи Панҷ воқеъ гашта буд. Мавқеъияти ин қалъа аз нигоҳи ҳарбию стратегӣ бисёр созгор будааст ва ба муҳофизонаш имкон медодааст, ки муддати тӯлонӣ аз худ дифоъ кунанд. Тавсифи илмии Рохарв ва қалъаи онро ҳанӯз соли 1916 узви Ҷамъияти ҷуғрофии Русия Д. И. Мушкетов интишор додааст.<ref name="ref510" /> Дар мақолаи худ, ки натиҷаи боздиди шахсии ӯст, Мушкетов мавқеи стратегии Рохарвро чунин тавсиф кардааст:
''«Административнымъ центромъ Ванча всегда былъ и есть базарный кишлакъ Рохаръ (или Рохарвъ) въ 40 дворовъ, расположенный на правомъ берегу рѣки, въ двадцати верстахъ выше ея устья, на высотѣ 5.950 футъ, у моста, ведущаго къ перевалу Гушхонъ, запирая собой, слѣдовательно, единственный конный путь на Язгулемъ, Рошанъ и Памиръ. Это важное стратегическое положеніе и было использовано древними '<nowiki/>'''правителями Ванча – «Шо», воздвигнувшими здѣсь крѣпость (Кала-и-Ванчъ) и избравшими ее для своей резиденціи.»'''''
Тарҷума: ''«Маркази маъмурии Ванҷ ҳамеша рустои бозории Рохар (ё Рохарв) буд ва то ҳол ҳамин аст – бо 40 хонавода, дар соҳили рости дарё, дар бисту версти болотар аз резишгоҳи он, дар баландии 5950 қадам, назди пуле, ки ба ағбаи Гушхон мебарад, ва бо ин васила ягона роҳи аспсаворро ба Язғулом, Рӯшон ва Помир мебандад. Маҳз ҳамин мавқеи муҳими стратегӣ буд, ки ҳокимони қадимии Ванҷ – «Шоҳ»-ҳо – истифода бурда, дар ин ҷо қалъа (Қалъаи Ванҷ) бино карданд ва онро барои худ қароргоҳ интихоб намуданд»''.<ref name="ref662">Мушкетов Д. И. Рохаръ (Кала-и-Ванчъ). --- Петроградъ: Типографія М. М. Стасюлевича, 1916. --- (Отдѣльный оттискъ изъ тома LII (1916 г.) Извѣстій Императорскаго Русскаго Географическаго Общества № 876). --- С. 7.</ref> Мушкетов инчунин интихоби маҳалли қалъаро аз нигоҳи амниятӣ шарҳ додааст:
''«Мѣсто выбрано весьма хорошо и удобно, на возвышеніи, съ котораго открытый видъ во всѣ стороны, и долина Ванча, какъ на ладони; рѣка отъ стѣнъ крѣпости въ 3 қулочяхъ, но для обезпеченности водоснабженія имѣлся къ ней подземный ходъ; невдалекѣ, на луговинѣ у рѣки, имѣется прудикъ, наполняемый ключемъ теплой, солоноватой воды, предоставляющій идеальное купанье.»''
Тарҷума: ''«Ҷой хеле хуб ва мувофиқ интихоб шудааст, дар баландие, ки аз он манзараи кушода ҳар тараф дида мешавад ва тамоми водии Ванҷ мисли кафи даст намоён аст; дарё аз деворҳои қалъа дар масофаи 3 қулочӣ ҷой дорад, вале барои таъмини бехатари обтаъминкунӣ роҳи зеризаминӣ ба он вуҷуд дошт; дар наздикӣ, дар марғзори лаби дарё, ҳавзчае ҳаст, ки аз чашмаи оби гарму намакини он пур мешавад ва барои шиноварии беҳамто мувофиқ аст»''.<ref name="ref662" /> Дар бораи сохти худи қалъа Мушкетов навиштааст:
''«Постройка, конечно, глинобитная, но довольно массивная, со стѣнами до 4 қулочей высотой, обнесенными съ трехъ сторонъ рвомъ, съ бойницами и пятью угловыми башнями. Внутреннія перегородки частью деревянныя, равно какъ и колонны, балки и двери, тонкой, старинной рѣзной работы.»''
Тарҷума: ''«Бино, албатта, гилину похсагин, валекин бисёр мустаҳкаму матин аст, бо деворҳои баланди чаҳорқулоча, ки аз се сӯйи он, хандақе бар гирди он кандаанд, бо тиркашҳову бурҷҳои панҷгонаи кунҷӣ. Деворҳои миёнгини дохилӣ, қисман, чӯбинанд, ҳамчунин, сутунҳову болорҳову дарҳои он, ки бо кандакории нафису куҳан оростаанд»''.<ref name="ref662" />
Мушкетов санаи боздиди худ ва оғози кашидани нақшаи қалъаро низ қайд кардааст: ''«Многое уже разрушено (мое посѣщеніе относится къ 11 іюля 1905 г.), но общее расположеніе еще сохранилось и я, пользуясь обстоятельными поясненіями почтеннаго шейха-токсабы Ванча, снялъ планъ всей крѣпости»'' (тарҷума: ''«Бисёр чиз аллакай хароб шудааст (боздиди ман ба 11 июли соли 1905 рост меояд), вале тартиби умумӣ то ҳол нигоҳ дошта шудааст ва ман, бо истифода аз тавзеҳоти муфассали шайх-тӯксабои эҳтиромноки Ванҷ, нақшаи тамоми қалъаро кашидам»'').<ref name="ref662" />
Нақшаи қалъа, ки Мушкетов кашидааст, 27 ҳуҷраву қисми қалъаро бо рақам нишон медиҳад, ки шарҳи онҳо чунин аст:<ref name="ref662" />
Ур - обдорхона
Дарвозахона – ҳуҷраи нигаҳбонону дарбонон
Ҳуҷраи навкарҳо
Бадарравхона – ҳоҷатхона
Долон – ҳавлии аспҳо
Ахтахона – оғилхона, ва болои он анборхонаи алаф
Пештоқ – гузаргоҳи пӯшида
Фаррошхона – ҳуҷраи сайисон
Пештоқи дуюм (баландии 3 қулоч)
Гулгунхона – ҳуҷраи пазириши меҳмонон
Ҳуҷраи худи шоҳ
Қӯрғон – сарбозхона (харобшуда)
Ғуломгардиш – долони мамониаткунандаи дидани занони дар боғ гардандагӣ
Ошхона – ошхона
Роҳрав – долон
Ғуломгард – гузаргоҳ ба қисми занона
Хазина – ҳуҷраи хазинадорӣ
Ҳаммом – ҳаммом
Пештоқи занона
Ҳуҷраи зани шоҳ – тобистона
Ҳуҷраи зани шоҳ – зимистона
Тӯпхона – манора
Рӯйи ҳавлӣ – ҳавлии пӯшида
Ҳарам (харобшуда)
Анборхона (болои ҳуҷраи 16)
Манора – ҳоло ҳуҷраи меҳмонон – меҳмонхона
Оғози роҳи зеризаминӣ ба сӯи дарё
Дар масофаи як версти болотари Рохар, дар канори роҳ, Мушкетов ду гӯри қадимиро низ ба қайд гирифтааст: ''«Въ верстѣ выше Рохара по долинѣ, около дороги, двѣ древнихъ гробницы съ фигурными стѣнами, имѣющими какое-то отношеніе къ крѣпости; интересно, что на могильномъ шестѣ, помимо обычныхъ куска матеріи и конскаго хвоста (на боковой перекладинѣ), сверху помѣщены изображенія сложенной руки (ладони) и голубя»'' (тарҷума: ''«Дар як версти болотар аз Рохар, дар паҳлӯи роҳ, ду гӯри қадимӣ бо деворҳои нақшдор ҳастанд, ки бо қалъа алоқаи муайяне доранд; ҷолиб ин аст, ки бар болои чӯби қабр, ба ғайр аз пораи матоъ ва думи асп (дар чӯби паҳлӯӣ)-и маъмулӣ, тасвири дасти гирдкардашуда (кафи даст) ва кабутар низ гузошта шудааст»'').<ref name="ref662" />
Ба ғайр аз ин, Мушкетов дар поварақи худ ёдовар шудааст, ки ягона роҳи воридшавӣ ба водӣ аз тарафи Панҷ низ бо қалъаи хурди дигаре мустаҳкам карда шуда буд: ''«Этотъ единственный выходъ кромѣ того очень искусно былъ загражденъ небольшой крѣпостцей, остатки которой еще видны на изолированномъ холмѣ въ устьѣ Ванча»'' (тарҷума: ''«Ин ягона баромадгоҳ аст, илова бар ин, хеле моҳирона бо қалъачаи хурде масдуд шуда буд, ки бақоёи он то ҳанӯз дар теппаи ҷудоуфтодаи резишгоҳи Ванҷ ҳувайдоанд»'').<ref name="ref672">Мушкетов Д. И. Рохаръ (Кала-и-Ванчъ). --- Петроградъ, 1916. --- Тавзеҳот, №4.</ref>
Тибқи мушоҳидаи ӯ, қалъа бевосита дар масири корвонрав ба сӯи ағбаи Гишхун қарор дошт, ки тавассути он роҳи корвонӣ ба водии Язғулом ва аз он ҷо ба самти баландкӯҳҳои Помир мерасид.<ref name="ref682">[https://poxod.ru/guidebook/darvaz/p_darvaz_dolinarekivagdm_a.html Долина реки Ванч] // Свободный туризм (poxod.ru). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Пеш аз он ки Мушкетов худ соли 1905 аз қалъа боздид кунад, тавсифи мухтасартаре аз он – тахминан 13 сол пештар – аллакай ба қалами А. А. Семёнов тааллуқ дошт, ки соли 1898 шахсан аз қалъа дидан кардааст:
''«Въ низовьи р. Ванджа лежитъ самый значительный кишлакъ долины, Кал'аи-Ванджъ, или Кал'аи-Рохарвъ (крѣпость Ванджа, крѣпость Рохарвъ). Укрѣпленіе въ немъ до сихъ поръ на обрывистомъ берегу довольно хорошо сохранилось. Стѣны крѣпости–мѣстами глинобитныя, мѣстами сложены изъ кирпичей и камней. По бокамъ лицевой стороны крѣпости–двѣ полуразрушенныхъ зубчатыхъ башни.»''
Тарҷума: ''«Дар поёноби рӯди Ванҷ бузургтарин рустои водӣ ҷойгир аст – Қалъаи Ванҷ, ё Қалъаи Рохарв (қалъаи Ванҷ, қалъаи Рохарв). Истеҳкоми он то ба имрӯз дар соҳили баланди дарё нисбатан хуб нигоҳ дошта шудааст. Деворҳои қалъа ҷо-ҷо аз гил, ҷо-ҷо аз хишти пухтаву санг сохта шудаанд. Аз ду тарафи рӯи қалъа ду манораи нимвайрони дандонадор қарор доранд»''.<ref name="ref692">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 8.</ref> Муҳимтар аз ҳама, Семёнов санаи тахминии бунёди қалъа ва номи бинокори онро сабт кардааст – маълумоте, ки то кунун дар ягон манбаи дигари дастраси мақола наомадааст:
''«Крѣпость, по преданію, была построена лѣтъ двѣсти тому назадъ дарвазскимъ ханомъ, Азиз-Ханомъ, и, вѣроятно, не разъ служила хорошую службу ея защитникамъ во времена независимаго Дарваза. Теперь въ ней живетъ амлякдаръ (начальникъ округа) долины Вандж.»''
Тарҷума: ''«Қалъа, тибқи ривоят, тахминан дусад сол пеш аз ҷониби хони дарвозӣ – Азиз-Хон – бино ёфтааст ва эҳтимол, борҳо ба муҳофизони худ дар давраи истиқлолияти Дарвоз хидмати шоиста кардааст. Ҳоло дар он амлокдор (сарвари ноҳия, яъне шоҳ)-и водии Ванҷ зиндагӣ мекунад»''.<ref name="ref702">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 8--9.</ref> Азбаски китоб соли 1903 нашр шуда ва мушоҳидаи муаллиф соли 1898 сурат гирифтааст, ин ривоят санаи бунёди қалъаро тахминан ба солҳои 1698-1700 рабт медиҳад.
Ин ривояти Семёнов дар бораи Азизхон, ки то ҳол дар баъзе сарчашмаҳо такрор мешавад, аз нигоҳи муосир асоси устувори таърихӣ надорад: дар рӯйхати мукаммали шоҳони Дарвоз, ки намояндаи расмии идораи Русия дар Туркистон Г. А. Арандаренко дар мақолаи худ ''«Дарваз и Каратегин»'' (1883) овардааст, ягон шоҳе бо номи Азизхон сабт нашудааст.<ref name="ref207">Арандаренко Г. А. Дарваз и Каратегин // Военный сборник. — 1883. — № 11–12.</ref> Тибқи ин рӯйхат, силсилаи шоҳони Дарвоз аз Шоғариб (то соли 1637) оғоз гардида, тавассути Шоқирғиз (1637–1668), Маҳмудшо (1668–1729), Танаи Фӯзашо (1729–1734), Муҳаммадхоншо (1734–1762), Мизробшои аввал (1762–1778), Шоидарвози I (1787–1788), Мансурхон (1788–1797), Шотурк (1797–1803), Мизробшои сонӣ (1803–1806), Султони Кучак (1806–1815), Шоиброимхон (1815–1828), Султон Маҳмудшо (1829–1838), Шоаҳмад (1839–1842), Исмоилшо (1842–1859), Иброҳимшо (1861–1863) ва Шоидарвози II (1863–1868) то Сироҷуддиншо (1868–1878) идома ёфтааст.<ref name="ref207" />
Бар асоси таҳқиқоти муосир, эҳтимоли бештар меравад, ки Қалъаи Ванҷ на дар аҳди хони номаълуми ривоятӣ, балки дар аҳди Шайбонихониён бунёд гардидааст. Шоқирғиз, ки аз соли 1637 то 1668 ҳукмронӣ кардааст, фарзанди Абдуллоҳхони II-и Шайбонӣ буда, баъди забти Бадахшон дар соли 1584, волии Дарвоз гардида, Қалъаи Хумбро пойтахти худ қарор дода буд;<ref name="ref207" /> тибқи ин назария, эҳтимол дорад, ки Қалъаи Ванҷ низ ҳамчун истеҳкоми мудофиавӣ маҳз дар ҳамин давра сохта шуда бошад.
Дар давраи баъдина, вақте ки минтақа таҳти назорати Аморати Бухоро қарор гирифт, Қалъаи Ванҷ нақши муҳими низомии худро идома дод. Тибқи китоби сайёҳи бритониёӣ Ангус Гамильтон ''«Афғонистон»'' (1908), дар охири асри XIX ва аввали асри XX дар қалъа 300 навкари артиши миллии амири Бухоро ҷойгир карда шуда буданд:
''«В крепости Ванч было раньше расположено 300 человек из национальной армия эмира бухарского; из такого же отряда состоял гарнизон Каляи-Вамар, а в Каляи-Хум стоял целый бухарский полк.»''
Тарҷума: ''«Дар қалъаи Ванҷ пештар 300 нафар аз артиши миллии амири бухороӣ ҷойгир буда, гарнизони Қалъаи Вамар низ аз чунин дастаи мисли ҳамин иборат буд, дар Қалъаи Хум бошад, як полки бутуни бухороӣ истода буд»''.<ref name="ref208">Гамильтон А. Афганистан / пер. С. П. Голубинова. — СПб., 1908.</ref>
Семёнов инчунин ду навиштаи девории қалъаро айнан нусхабардорӣ кардааст: як байти форсӣ дар бораи гардиши бераҳмонаи рӯзгор, ва як ёдгории русии сайёҳони соли 1896 – ''«Прибылъ разъѣздъ 25 числа августа за старшаго общивкй Яковъ. Черновъ. и джигить Николай Каплун и перевочикъ Ашурбай. 1896 года»'' (тарҷума: ''«Гурӯҳи саворагон 25 августи соли 1896 омаданд: сардор Яков Чернов, ҷигит Николай Каплун ва тарҷумон Ашурбой»'').<ref name="ref702" />
Гумон меравад, ки дар тамоми ҳавзаҳои Бадахшон сукунати одамон ба як давраи таърихӣ мансуб будааст. Ёдгориҳои манзилӣ ва меъмориву мудофеавии асримиёнагии ғарби Бадахшон, ки дар деҳаи Баравни ҷамоати деҳоти Водхуд воқеанд ва аз ҷиҳати амнияти ҳарбӣ бисёр муносибу побарҷоянд, бо камоли таассуф, то кунун таҳқиқи шоиста нашудаанд.
Нақшу нигораҳои рӯйи харсангҳои водии Язғулом, ки дар деҳаҳои Жамаг, Андарбоғ ва Мотравн ба даст омадаанд, агарчи ҳанӯз комилан омӯхта нашудаанд, гувоҳи муътамаде аз ҳузури мардум ва сукунати онон аз замонҳои бостонӣ дар ин минтақа ҳастанд. Дар байни ин сангнигораҳо, ки ба навъи умумии петроглифҳои Помиру Бадахшон шабоҳат доранд, тасвири нахчир (бузи кӯҳӣ бо шохҳои калон), саҳнаҳои шикор бо камон, рамзҳои офтобӣ ва изи дасту пойи инсон бештар вомехӯранд; дар мифологияи мардумони эронитабор бузи кӯҳӣ рамзи покиву ҳосилхезӣ ва иртибот бо олами боло дониста мешавад.<ref name="ref622" />
Дар қаламрави Ванҷ, ба монанди дигар минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон, сағонаҳо ва дахмаҳои сангии куҳан низ аз насл ба насл боқӣ мондаанд, ки далели ошкори таърихи чандҳазорсолаи ин сарзамин мебошанд. Чунин иншооти дафнӣ, ки дар ҷойҳои махсуси сангӣ, дар баландиҳо ё ғорҳо бунёд меёфтанд, эҳтимолан боқимондаи анъанаҳои дафнии пешазисломӣ мебошанд; тибқи баъзе оинҳои қадими маҳаллӣ (аз ҷумла эътиқодоти наздик ба дини зардуштӣ), ҷасади фавтида набояд бо унсурҳои муқаддаси табиат – хок, об ё оташ – тамос мегирифт.<ref name="ref622" /> Ҳарчанд имрӯз тамоми аҳолии ноҳия мусулмони суннии ҳанафимазҳабанд ва расму оини дафни исломиро ба таври қатъӣ риоя мекунанд, мавҷудияти ин сағонаву дахмаҳо аз як давраи гузариши тӯлонии фарҳангӣ ва қабатҳои гуногуни динию эътиқодӣ дар минтақа хабар медиҳад.
Ёдгориҳои бостонии Помири Ғарбӣ, аз ҷумла мавзеъҳои қаламрави Ванҷ, дар силсилаи бунёдии ''«Харитаи бостоншиносии Тоҷикистон»'' – муҷаллади марбут ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки бостоншинос М. А. Бубнова таълиф намудааст ва ёдгориҳои давраи сангро то садаи XX фаро мегирад, – ба қайд гирифта шудаанд.<ref name="ref712">Бубнова М. А. Горно-Бадахшанская автономная область. Западный Памир (памятники каменного века --- XX в.). --- Душанбе, 2008. --- (Археологическая карта Таджикистана).</ref>
Илова бар ёдгориҳои меъморӣ ва дафнӣ, мероси беназири саноатии Ванҷ – боқимондаҳои кӯраҳои қадимии оҳангудозӣ (домнитсаҳо) – низ бахши муҳими осори таърихии ноҳия ба шумор мераванд. Тибқи маълумоти иқтисоддон И. Е. Ходоров, ки соли 1929 таҳлилҳои М. С. Андреевро дар бораи ин ҳунар тасдиқ ва иқтибос овардааст, дар боварҳои мардумии ванҷиён металли ҳосили ин кӯраҳо на танҳо арзиши истеҳсолӣ, балки хосияти шифобахш низ дошт: маҳсули онро ''«барои табобати ҳар гуна бемориҳо пешбинӣ карда, ба ҷойи дардманд мегузоштанд»''.<ref name="ref532" /> Ин боварҳо нишон медиҳанд, ки осори саноатии Ванҷ бо мероси ғайримоддӣ ва эътиқодоти мардумӣ пайванди зич доштааст, ва имрӯз боқимондаҳои ин кӯраҳо, харобаҳои коргоҳҳо ва партовҳои маъданӣ (шлакҳо) дар дараҳои Ванҷ метавонанд ҳамчун мавзеи нодири ''«бостоншиносии саноатӣ»'' мавриди пажӯҳиши минбаъда қарор гиранд.
Сарчашмаи аввалини сабти илмии ин ҳунар – 23 сол пеш аз рисолаи Андреев (1926) – низ ба Семёнов тааллуқ дорад:
''«Богатыя залежи желѣзной руды въ верховьяхъ р. Ванджа даютъ горцамъ Ванджской долины неисчерпаемый матеріалъ для различнаго рода желѣзныхъ издѣлій, которыя удовлетворяютъ самымъ разнообразнымъ требованіямъ домашняго обихода горныхъ таджиковъ и потому расходятся изъ этой огромной кузницы, какова долина Ванджа, по всему Дарвазу, Каратегину и Язгуляну, проникая даже въ отдаленные и трудно достижимые уголки Рошана, Шугнана и Вахана.»''
Тарҷума: ''«Захираҳои фаровони маъдани оҳан дар болооби рӯди Ванҷ ба кӯҳистониёни водии Ванҷ маводи беохири намудҳои гуногуни маснуъоти оҳанӣ медиҳанд, ки эҳтиёҷоти гуногуни рӯзгори тоҷикони кӯҳӣ қонеъ мегардонанд ва аз ин кӯрахонаи азим, яъне водии Ванҷ, ба тамоми Дарвозу Қаротегину Язғулом паҳн мешаванд, ҳатто ба гӯшаҳои дурдасту дастнораси Рӯшону Шуғнону Вахон низ ворид мегарданд»''.<ref name="ref722">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 62.</ref>
Семёнов инчунин номи мушаххаси деҳаеро сабт кардааст, ки дар он раванди коркарди оҳанро шахсан мушоҳида намудааст: ''«Самый способъ добыванія желѣза намъ пришлось наблюдать во кишлакѣ Сытаргъ, на Ванджѣ»'' (тарҷума: ''«Худи усули истихроҷи оҳанро мо тавонистем дар рустои Старғ, дар Ванҷ, мушоҳида кунем»'').<ref name="ref722" /> Ӯ ҳамчунин тавсифи мубодилаи тиҷоратии маснуоти оҳании Ванҷро бо минтақаҳои ҳамсоя овардааст: ''«Эти издѣлія находять большой сбыть на рынкахъ Кал'аи-Хума и въ сосѣднихъ долинахъ: Язгуляна и Оби-Хингоу, причемъ продажа на деньги совершается очень рѣдко; обыкновенно вещи мѣняются на тѣ, которыя необходимы таджикамъ Ванджа»'' (тарҷума: ''«Ин маснуъот дар бозорҳои Қалъаи Хум ва водиҳои ҳамсоя – Язғулому Оби Хингов – фурӯши хубе меёбанд, вале фурӯш ба пул хеле кам сурат мегирад; одатан молҳо ба он чизҳое иваз мешаванд, ки барои тоҷикони Ванҷ зарур аст»'').<ref name="ref732">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 64.</ref>
=== Кофарсилохи Ғҷовас ===
Дар қаламрави ноҳия, дар мавзеи Ғҷовас, маҳалли бостонии Кофарсилох ҷой дорад, ки аҳамияти таърихию бостоншиносии он то ҳол ба таври илмӣ омӯхта нашудааст.<ref name="ref216">"КОФАРСИЛОХИ ҒҶОВАС" (маводи таърихӣ-фарҳангӣ, аз Анҷумани Ванҷ).</ref> Тибқи ривояти сокинони маҳаллӣ, чунин маконҳо, ки бо номи умумии ''«Кофарсилох»'' маъруфанд, дар чандин мавзеи дигари Ванҷ низ ба назар мерасанд, вале бар асари селу тармарезиҳои даврӣ қисми зиёди онҳо пӯшида ва ноаён гардидаанд.<ref name="ref216" /> Худи истилоҳи ''«Кофарсилох»'' шаҳодат медиҳад, ки маҳаллан ин макон бо давраи пеш аз ислом – эҳтимолан бо пайравони динҳои қадимаи маҳаллӣ – алоқаманд дониста мешавад. Сокинони маҳаллӣ таъкид мекунанд, ки ин мавзеъ то ҳол мавриди ҳафриёти бостоншиносӣ қарор нагирифтааст ва бо ин сабаб моҳияти дақиқи таърихии он номаълум боқӣ мемонад.<ref name="ref216" />
=== Сағунаи Рави Тор ===
Дигар мавзеи таърихии қаламрави Ванҷ Сағунаи Рави Тор аст, ки дар он харобаҳои деворҳои деҳаи аз байн рафтае боқӣ мондаанд.<ref name="ref217">"САҒУНАИ РАВИ ТОР" (маводи таърихӣ, аз Анҷумани Ванҷ).</ref> Тибқи иттилои сокинони маҳаллӣ, харобаҳои Рави Тор то солҳои наздик вуҷуд доштанд, вале маълумоти дақиқ дар бораи он ки аҳолии ин деҳа кай дар он ҷо зиндагӣ мекарданд ва кай онро тарк намуданд, то кунун ба таври мустанад муайян нашудааст.<ref name="ref217" /> Мавҷудияти харобаҳои сангину гилини хонаву девор дар ин мавзеъ гувоҳи он аст, ки дар гузашта дар ин минтақа фарҳанги нисбатан баланди меъморӣ вуҷуд дошта, сокинон бо истифода аз масолеҳи маҳаллӣ – санг ва гил – иншооти устувор бунёд мекарданд. Маводи шифоҳие, ки тавассути сокинони пиронсоли маҳал аз насл ба насл нақл мешавад, то ҳол ягона сарчашмаи маълумот дар бораи ин мавзеи таърихӣ боқӣ мемонад.<ref name="ref217" />
== Мардум ==
Аксарияти аҳолии ноҳия тоҷиконанд; инчунин теъдоди ангуштшумори русҳо ва намояндагони халқҳои дигар низ зиндагӣ мекунанд. Аҳолии ноҳия аз рӯи диёнат мусулмони суннии ҳанафимазҳабанд.<ref name="ref1100" />
Мардумшиноси рус Л. Ф. Моногарова дар пажӯҳиши бунёдии худ доир ба таркиби қавмии ВМКБ, дар бораи гузаштаи қавмии ванҷиён чунин навиштааст:
''«В прошлом из припамирских народностей наиболее тесно соприкасались с горными таджиками ванчцы (правильнее ванджи), коренное население долины р. Ванч (Вандж), входившей в Бухарский эмират. Духовенство эмирата проводило насильственное обращение в суннизм всех, исповедовавших другую религию. Под влиянием суннитской идеологии у ванчцев изменились общественные и семейные взаимоотношения, моральные нормы, бытовой уклад в целом. Постепенное экономическое и культурное сближение ванчцев с таджиками привело к утрате ванчцами своего родного языка, замене его таджикским (ванчским или ванджским говором таджикского языка), а в конечном итоге к слиянию ванчцев с таджиками. Население остальных районов республики считает ванчцев таджиками. «Судя по некоторым признакам, „ванджский язык“, входя в северную подгруппу памирских языков, наиболее тесно примыкал к язгулемскому языку» [32, 131].»''
Тарҷума: ''«Дар гузашта, аз миёни халқиятҳои помирӣ, ванҷиён (дурусттараш — ванҷӣ), аҳолии бумии водии дарёи Ванҷ (Вандж), ки ҷузъи аморати Бухоро буд, бештар аз ҳама бо тоҷикони кӯҳистонӣ дар тамос буданд. Рӯҳониёни аморат нисбат ба ҳамаи пайравони дигар эътиқодҳо табдили ҷабрии мазҳаби суннӣ мегузарониданд. Таҳти таъсири мазҳаби суннӣ дар байни ванҷиён муносибатҳои ҷамъиятиву оилавӣ, меъёрҳои ахлоқӣ ва тарзи зиндагӣ дар маҷмуъ тағйир ёфтанд. Наздикшавии тадриҷии иқтисодиву фарҳангии ванҷиён бо тоҷикон боиси аз даст рафтани забони модарии ванҷиён гардид: он бо забони тоҷикӣ (гӯиши ванҷии забони тоҷикӣ) иваз шуд ва дар ниҳоят ба омезиши ванҷиён бо тоҷикон анҷомид. Аҳолии дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ ванҷиёнро тоҷик мешуморанд. «Бино бар баъзе аломатҳо, „забони ванҷӣ“, ки ба зершохаи шимолии забонҳои помирӣ дохил мешуд, аз ҳама наздиктар ба забони язғуломӣ буд» [32, 131].»''.<ref name="ref742">Моногарова Л. Ф. Этнический состав и этнические процессы в Горно-Бадахшанской автономной области Таджикской ССР // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 185–186.</ref>
Дар бораи мазорҳои муқаддаси эҳтиромшавандаи Ванҷ дар охири асри XIX, капитан Кузнецов чунин сабт кардааст:
''«Населеніе Дарвоза не отличается особой набожностью и имѣетъ весьма малое число молитвенныхъ домовъ–мечетей, по за то въ Дарвозѣ есть нѣсколько могилъ святыхъ, весьма почитаемыхъ жителями. Наибольшимъ почитаніемъ отличаются могилы: Хазретъ-и-Бурхъ на р. оби-Мазаръ, Пой-Мазаръ-Хазретъ-Садыръ-Сеибъ въ верховьяхъ р. Ванчъ и Ходжа-и-Миратбашъ-Султанъ-Сеидъ на сѣверномъ склонѣ Дарвозскихъ горъ, противъ кишлака Кальпъ.»''
Тарҷума: ''«Аҳолии Дарвоз бо диндории хосае фарқ намекунад ва шумораи хонаҳои ибодат — масҷидҳо — дар он хеле кам аст, вале дар ивазаш, дар Дарвоз якчанд мазори авлиё ҳаст, ки сокинон онҳоро сахт эҳтиром мекунанд. Бештарин эҳтиромро мазорҳои зерин доранд: Ҳазрати Бурх дар канори дарёи оби-Мазор, дар Пойи Мазор - ҳазрати Садр-соҳиб дар болооби дарёи Ванҷ ва Хоҷаи Муродбошӣ Султонсаъид дар нишеби шимолии кӯҳҳои Дарвоз, рӯ ба рӯи рустои Калп»''.<ref name="ref752">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 65.</ref>
Бар асоси омори саршумории саросарии [[Иттиҳоди Шӯравӣ]] аз соли 1939, аҳолии Ванҷ 9218 нафар буд: 9031 нафарашон ванҷиёни бумӣ, 134 нафар – рус, 6 нафар – тотор, 5 нафар – узбак ва 1 нафар – қазоқ.<ref name="ref762">Всесоюзная перепись населения 1939 года. Национальный состав населения районов, городов и крупных сёл союзных республик СССР: Ванчский район (рус.) // Демоскоп Weekly. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Бино ба омори соли 1979 аҳолии Ванҷ 15 855 нафар ва тибқи омори 1992 – 22 700 нафарро ташкил медод. Тибқи маълумоти расмӣ, соли 2009 дар ноҳия 30 700 нафар зиндагӣ мекард ва тамоми аҳолии он деҳотист.<ref name="ref310" /> Тибқи омори соли 2024 аҳолии Ванҷ ба 35 400 нафар расид. Бар асоси муқоисаи ин ду омор метавон чунин натиҷагирӣ кард, ки тайи 85 сол суръати миёнаи афзоиши солонаи аҳолии Ванҷ тақрибан 1,6 % будааст. Мардуми водии Язғулом ҳиссаи назарраси аҳолии ноҳияро ташкил медиҳанд.
Азбаски беш аз 90 дарсади масоҳати умумии ноҳия (4430,5 км²)-ро лозурҳо, қуллаҳои баландкӯҳ ва нишебиҳои санглохи корношоям фаро мегиранд, зичии расмии аҳолӣ (тақрибан 7,7-8 нафар дар як километри мураббаъ) манзараи воқеии ҷойгиршавии аҳолиро пурра инъикос намекунад – амалан тамоми сокинон дар як рахи танги қад-қади дарёҳои Ванҷобу Язғулом мутамарказ шудаанд.<ref name="ref310" /> Ин номутаносибии шадид миёни рушди табиии аҳолӣ ва маҳдудияти мутлақи заминҳои корам (соли 2012 ҳамагӣ 1381 гектар, баъдан бо азхудкунии заминҳои нав ба 2601 гектар расида)<ref name="ref310" /> яке аз сабабҳои асосии муҳоҷирати меҳнатии ноҳия маҳсуб мешавад (ниг. бахши ''«Муҳоҷирати меҳнатӣ»'').
{| class="wikitable"
!'''Ҷадвали 3. Динамикаи шумораи аҳолӣ (ҳазор нафар), 1939-2013'''
|-
|'''сол'''
|'''1939'''
|'''1979'''
|'''1992'''
|'''1995'''
|'''2000'''
|'''2002'''
|'''2003'''
|'''2004'''
|'''2005'''
|'''2006'''
|'''2007'''
|'''2008'''
|'''2009'''
|'''2011'''
|'''2012'''
|'''2013'''
|-
|шумора
|9,2
|15,9
|22,7
|28,4<ref name="ref472" />
|28,5<ref name="ref472" />
|28,3<ref name="ref472" />
|29,9<ref name="ref472" />
|30,1<ref name="ref472" />
|28,8<ref name="ref472" />
|30,3<ref name="ref472" />
|33,4<ref name="ref472" />
|29,7<ref name="ref472" />
|30,7<ref name="ref310" />
|30,8
|31,1
|31,3
|}
{| class="wikitable"
!'''Ҷадвали 4. Динамикаи шумораи аҳолӣ (ҳазор нафар), 2014-2024'''
|-
|'''сол'''
|'''2014'''
|'''2015'''
|'''2016'''
|'''2017'''
|'''2018'''
|'''2019'''
|'''2020'''
|'''2021'''
|'''2022'''
|'''2023'''
|'''2024'''
|-
|шумора
|31,7
|31,9
|32,4
|32,9
|33,6<ref name="ref772">Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2019 года. Сообщение Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан (рус.).</ref>
|34,1<ref name="ref772" />
|34,4<ref name="ref782">Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2020 года (рус.) // Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
|34,1
|34,4
|35,1
|35,4
|}
Барои солҳои 1995-2008 омори мазкур (арзиши ''«умумӣ»'', яъне аҳолии доимии сабтшуда) бар асоси таҳлили муфассали демографии Р. Масов ва Ҳ. Пирумшоев дар ''«Файзи истиқлол дар "Боми ҷаҳон"»'' (Душанбе, 2011, саҳ. 362-363) илова карда шуд. Барои солҳои 1992 ва 2009 бошад, бо мақсади нигоҳ доштани пайдарпаии рақамҳои аллакай сабтшуда аз сомонаи расмии badakhshon.tj, арзиши аслии қаблӣ боқӣ монд.
Дар тавсифи хислатҳои зоҳирию ботинии сокинони Ванҷ, аъзои экспедитсияи илмии Академияи илмҳои СССР ба Помир (солҳои 1928-1933) чунин навиштаанд: ''«Тоҷикони муқими Ванҷ як қавми ободнишини дорои фарҳанги куҳан астанд. Онҳо бо пешонии баланд, риши сиёҳи анбӯҳ ва нигоҳи амиқи андешаманд мутамоизанд. Ин наҷобати зоҳирӣ бо сиришти ахлоқи ботинии тоҷикон созгор аст. Онон як ишораи хеле зебо доранд: ҳангоми сипосгузорӣ кардан, дасти худро болои сар мебардоранд.»<ref name="ref206" /> Зикри чунин хислатҳо аз ҷониби муҳаққиқони хориҷӣ гувоҳи он аст, ки мардуми ин диёр, бо вуҷуди зиндагӣ дар минтақаи душворгузари кӯҳистон, тавонистаанд фарҳанги волои маънавии худро, аз ҷумла анъанаи меҳмоннавозии гарму дастархони пурнозу неъмат, парвариш дода нигоҳ доранд.''
=== Фарҳанги моддӣ: либоси анъанавӣ ===
Дар шароити сарди кӯҳистони Ванҷу Бадахшон, дар гузашта истифодаи матоъҳои пашмину чармӣ бартарӣ дошт ва мероси бофандагии маҳаллӣ ба истеҳсоли матоъҳои худӣ бо рангҳои табиии гиёҳии кӯҳӣ асос меёфт.<ref name="ref792">Таҳқиқоти этнолингвистии лексикаи гӯйиши тоҷикони водии Ғорон // Диссертатсия. Санҷида шуд 24 июли 2026.</ref> Либоси занонаи суннатӣ асосан аз курта, эзор, пойафзол, сарбанд ва ороишоти гуногун иборат буд; таърихан ду намуди курта маъмул буд – куртаи якқади камартангу доманвасеъ, ки пиразанон мепӯшиданд, ва куртаҳои камзулчадор бо гиребони буғак (уфуқӣ буридашуда бо зеҳгулу гулдӯзӣ), ки духтарону арӯсон ба бар мекарданд.<ref name="ref802">[[Либоси миллии тоҷикон]] // Википедиа. Санҷида шуд 24 июли 2026.</ref> Дар минтақаи Бадахшон, аз ҷумла Ванҷу Язғулом, унсурҳои хоси либоси кӯҳистонӣ – тоқии мудаввар бо нақшҳои гулдӯзии дақику пӯпак ва ҷӯробҳои ғафси пашмин бо нақшҳои ҳандасии бисёрранг (нақши офтоб, шохи қӯчқор, чалипо ва ғайра) – то имрӯз аҳамияти худро гум накардаанд.<ref name="ref802" />
=== Фарҳанги моддӣ: манзил ва хоҷагии деҳот (тибқи маълумоти асри XIX) ===
Тавсифи қадимтарини хусусиятҳои хоси манзилу хоҷагии Ванҷ ба А. А. Семёнов (1898) тааллуқ дорад. Ӯ анборчаҳои хоси болои сутунро ба қайд гирифтааст: ''«На Ванджѣ и мѣстами по Пянджу встрѣчаются подъ хижинъ еще небольшіе, съ плоскими крышами, амбарчики (амбаръ) для хлѣба и разнаго скарба... они воткнуты надъ землею на четырехъ (подъ углами) камняхъ или столбахъ»'' (тарҷума: ''«Дар Ванҷ ва ҷо-ҷо дар Панҷ, наздики хонаҳо анборчаҳои хурди боми ҳамвор (амбор) барои нону дигар молу ашё вомехӯранд... онҳо болои замин, бар чор санг ё сутуни чоркунҷа гузошта шудаанд»'').<ref name="ref812">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 34.</ref>
Дар бораи нақшу нигори деворҳои хонаҳои Ванҷ низ маълумот овардааст: ''«По Сурхобу и Хингобу, Ванджу и Пянджу на стѣнахъ многихъ хижинъ попадаются и орнаменты въ видѣ пятенъ, различныхъ безпорядочныхъ линій или же въ видѣ дѣтски намалеванныхъ фантастическихъ деревьевъ»'' (тарҷума: ''«Дар канори Сурхобу Хингов, Ванҷу Панҷ дар деворҳои бисёр хонаҳо нақшу нигор ба шакли доғ, хатҳои бетартиби гуногун ё дарахтони хаёлии кӯдакона кашидашуда вомехӯранд»'').<ref name="ref822">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 36.</ref>
Хонаи тобистонаи хоси Ванҷ (''«чолёб»'') низ дар ин асар қайд шудааст: ''«По Ванджу и отчасти на Пянджу, кромѣ описанныхъ зимнихъ помѣщеній, встрѣчаются еще спеціальныя лѣтнія жилища (чолѣбъ), чего нѣтъ нигдѣ въ прочихъ мѣстахъ»'' (тарҷума: ''«Дар Ванҷ ва қисман дар Панҷ, ба ғайр аз хонаҳои зимистонаи тавсифшуда, боз хонаҳои махсуси тобистона (чолёб) вомехӯранд, ки дар ҷойҳои дигар вуҷуд надоранд»'').<ref name="ref832">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 44.</ref>
Ниҳоят, Семёнов камбизоатии заминҳои Ванҷ ва такягоҳи мардум ба дарахти туг (мевадиҳандаи табиъӣ)-ро тавсиф кардааст: ''«Мѣстами, какъ, напримѣръ, на Вахіо, на Ванджѣ и въ Дарвазъ по Пянджу, гдѣ природа бѣдна и преобладаетъ каменистая почва... существованіе населенія находится въ тѣсной зависимости отъ тута»'' (тарҷума: ''«Дар баъзе ҷойҳо, масалан дар Ваҳё, дар Ванҷ ва дар Дарвози канори Панҷ, ки табиат камбизоату хоки санглох бартарӣ дорад... мавҷудияти аҳолӣ ба тут вобастагии зич дорад»'').<ref name="ref842">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 56.</ref>
Дар ҳамин китоб, ду намунаи фолклори мардуми Ванҷ низ бори аввал сабт гардидаанд: масали ''«Инсон ва Мор»'' ва ҳикояи ''«Писари вазир»'', ки ҳарду аз забони як шахси мушаххас – Соҳибназар аз деҳаи Техарви болооби Ванҷ – навишта шудаанд: ''«Записано со словъ Сохиб-Назара, изъ кишлака Техарвъ, въ верховьяхъ р. Ванджа въ Дарвазѣ»'' (тарҷума: ''«Аз забони Соҳибназар, аз рустои Техарв, аз болооби рӯди Ванҷ дар Дарвоз, сабт шудааст»'').<ref name="ref852">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 99--100.</ref>
=== Расму оинҳои мотамӣ ===
Маросимҳои марбут ба давраҳои муҳими зиндагии инсон, аз ҷумла маросими мотаму дафн, дар Ванҷу Язғулом хусусиятҳои бениҳоят куҳан ва омехта аз эътиқодоти пешазисломию исломӣ (синкретӣ) то ба имрӯз нигоҳ доштаанд; ин расмҳо аз ҷониби мардумшиносони барҷаста, аз ҷумла М. С. Андреев, И. Л. Моногарова ва А. З. Розенфелд, мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд.<ref name="ref862">Расму оин ва анъанаҳо дар рӯзгори мардуми тоҷик мавқеи муҳим доранд // АМИТ «Ховар», сентябри 2017. Санҷида шуд 24 июли 2026.</ref> Дар ҷаҳонбинии мардуми кӯҳистон марг на анҷоми мутлақ, балки гузариш ба дунёи дигар ва оғози сафари нави рӯҳ дониста мешавад. Аз ҷумла, агар марҳум ҷавон бошад, барои гусели ӯ тобути махсусе бо матоъҳои равшану рангоранг (на сиёҳ) омода мекунанд, ки бо номи ''«гаҳвораи ноз»'' маъруф аст – ташбеҳи мустақими марг бо таваллуди дубора дар олами дигар, ки Розенфелд онро расми хеле куҳан ва боқимонда аз тасаввуроти бостонии мардуми ориёӣ арзёбӣ кардааст.<ref name="ref862" />
=== Маросими никоҳ ва қалин ===
Дар байни мардуми Ванҷ, мисли аксари халқиятҳои Осиёи Марказӣ, анъанаи пардохти қалин барои арӯс маъмул буд. Тибқи маводи мардумшинос А. А. Семёнов, ки ба солҳои аввали асри XX тааллуқ дорад, ҳаҷми қалин вобаста ба вазъи иҷтимоиву иқтисодии оила фарқ мекард: марди сарватманд барои писараш ҳамчун қалин барои зан 3 асп, 6 гов, 3 гӯсфанд, 3 милтиқ, 2 шамшер, 3 ҷомаи пахтагин, матои дастбофи ''«карбос»'' барои 12 даст либос ва як батман гандум медод, дар ҳоле ки марди камбағал бояд 2 гов, як гӯсфанд, як милтиқ, 2 шамшер, салла, як пироҳани мардона, як ҷуфти мӯза ва 2 пуд гандум пешниҳод мекард.<ref name="ref212" /> Таносуби қалини сарватманду камбағал тахминан баробари 3:1 буда, ин нишонаи тафовути назарраси иҷтимоӣ дар ҷомеаи анъанавии Ванҷ мебошад; ҳамзамон, мавҷудияти аслиҳа (милтиқ, шамшер) дар таркиби қалин гувоҳи он аст, ки ин ашё дар зиндагии рӯзгори мардуми Ванҷ барои амнияти оила ва ҳифзи молу мулк аҳамияти калон дошт.<ref name="ref212" /> Дар баробари ин, одати пардохти қалин ҳамчун кафолати иҷтимоӣ низ хидмат мекард: дар сурати вайрон шудани ақди никоҳ, ин маблағ метавонист барои таъмини зиндагии минбаъдаи зан истифода шавад.
=== Анъанаҳои ҷамъиятӣ: таъзим ва ёлогӯӣ ===
Дар одатҳои имрӯзаи мардуми Ванҷ, амали таъзими домоду арӯс дар рӯзи тӯй маъмул гардидааст; бо вуҷуди ин, тибқи мушоҳидаи мардумшиносони маҳаллӣ, ин анъана иқтибосӣ буда, бо фарҳанги аслии минтақа комилан созгор нест.<ref name="ref213">"Дар одатои мардми Ванҷ дар рӯзи тӯй" (маводи мардумшиносии шифоҳӣ, аз Анҷумани Ванҷ).</ref> Аз рӯи ривояти пиронсолони маҳал, ҳанӯз 10-20 сол пеш дар тӯйҳои Ванҷ таъзим кардан хеле кам ба назар мерасид ва он тадриҷан ҳамчун ҷузъи «одатҳои ванҷӣ» пазируфта шудааст; тибқи тафаккури суннатии мардуми маҳаллӣ, ки амиқан таҳти таъсири ақидаҳои исломӣ қарор дорад, таъзим танҳо дар пеши Худованд ва ҳангоми намоз ҷоиз шумурда мешавад, дар ҳоле ки таъзим дар назди инсони дигар номуносиб дониста мешавад.<ref name="ref213" />
Яке аз одатҳои фаромӯшшудаи мардуми Ванҷ маросими ''«ёлогӯӣ»'' буд, ки ҳангоми ба анҷом расидани корҳои дастаҷамъонаи умумӣ – мисли ҳашар, даравидани ғалла ё бардоштани девор – баргузор мегардид.<ref name="ref214">"ОДАТИ ЁЛОГӮӢ" (маводи мардумшиносии шифоҳӣ, аз Анҷумани Ванҷ).</ref> Калимаи ''«ёло»'' шакли кӯтоҳшудаи ибораи ''«ё Аллоҳ»'' буда, дар поёни кори дастаҷамъона ҳамчун дуо ва изҳори шукргузорӣ барои анҷоми муваффақиятомези кор ба забон меомад.<ref name="ref214" /> Ин анъана, ки имрӯз аз истеъмол баромадааст, нишони ваҳдати рӯҳонӣ ва ҳамкории иҷтимоии мардуми Ванҷ буда, нақши муҳими тамоюлҳои динӣ ва фарҳанги коллективиро дар зиндагии рӯзгори онон инъикос мекунад.
=== Айлоқравӣ ва расму оинҳои кишоварзӣ ===
Иқтисодиёти суннатии мардуми Ванҷ ба ду унсури ба ҳам вобаста – кишоварзӣ дар водиҳои танги поёнӣ ва чорводорӣ дар чарогоҳҳои баландкӯҳӣ – такя мекунад. Ҳар сол дар аввали тобистон, вақте ки заминҳои поёнӣ барои кишти ғалла, картошка ва сабзавот истифода мешаванд, раванди муҳоҷирати мавсимии подаи чорво ба чарогоҳҳои тобистонаи баландкӯҳ, ки бо номи ''«айлоқ»'' маъруф аст, оғоз мегардад.<ref name="ref862" /> Хусусияти ҷолиби ин кӯчиш дар он аст, ки қариб тамоми аҳли деҳа, бахусус занону кӯдакон, дар як рӯзи муайяншуда дастаҷамъӣ ба айлоқ мераванд, дар ҳоле ки қисме аз мардон дар деҳа мемонанд, то корҳои саҳроӣ ва обёрии заминро анҷом диҳанд.
Дар айлоқҳо занон тамоми тобистон машғули ҷӯшидани шир, тайёр кардани маска, равғани зард, дӯғу мосту тарфу ва қурут мешаванд.<ref name="ref862" />
== Забон ==
Мардуми Ванҷ бо гӯиши ванҷии забони тоҷикӣ сухан мегӯянд. Дар водии Язғулом бошад, яке аз забонҳои помирӣ – забони язғуломӣ роиҷ аст.
Лаҳҷаи ванҷии забони тоҷикӣ дар водии Ванҷ аз нимаи дуюми асри XIX густариш ёфта, забони бумии помириро, ки бо номи ванҷӣ маъруф буд, дар поёни ҳамин аср аз байн бурд. Забони ванҷӣ наздиктарин хеши забони язғуломӣ буда, ба гурӯҳи ''«шимолии»'' забонҳои помирӣ дар қатори язғуломӣ ва (эҳтимолан) саргуломӣ дохил мешуд. Мутахассисон аз байн рафтани онро ба охири асри XIX нисбат медиҳанд; мардумшиносон дар ибтидои асри XX аз ин забон танҳо чанд даҳ вожаро сабт карда тавонистаанд.<ref name="ref872">Памирские языки (рус.) // Лингвистический энциклопедический словарь. --- М.: Советская энциклопедия, 1990.</ref><ref name="ref882">[https://old.bigenc.ru/linguistics/text/2701306 Памирские языки] (рус.) // Большая российская энциклопедия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Лаҳҷаҳои ванҷии забони тоҷикӣ мавзӯи таҳқиқи бунёдии эроншиноси рус А. З. Розенфелд гардидаанд, ки соли 1964 дар [[Ленинград]] монографияи махсуси ''«Ванджские говоры таджикского языка»''-ро дар ҳаҷми 151 саҳифа ба табъ расонидааст.<ref name="ref892">Розенфельд А. З. Ванджские говоры таджикского языка / ЛГУ им. А. А. Жданова. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- 151 с.</ref> Дар гуфтугӯи мардуми Ванҷ ҷӯйборҳои лозурӣ, ки деҳаҳо дар канораи онҳо бино ёфтаанд, ''«даргов»'' номида мешаванд; ба ақидаи Ҳ. Пирумшоев, ин вожа гунаи тағйирёфтаи ибораи ''«даргоҳи об»'' аст.<ref name="ref210" /> Аммо дуруст он аст, ки аслаш дарагоб/дараоб (обе ки аз дара меояд) аст, зеро дар форсии миёна "дара" "дараг" навишта ва талаффуз мешудааст. Тибқи фарзияи дигари забоншиносӣ, метавон решаи вожаи ''«дарғов»''-ро бо калимаи осетинии ''«dærg»'' (''«дароз»'') пайванд дод, яъне маънои аслии он ''«оби дароз»'' бошад.<ref name="ref902">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §50--52.</ref>
Тибқи таснифи Розенфелд, гӯишҳои ванҷӣ ҷузъи таркибии гӯишҳои дарвозӣ буда, якҷоя бо онҳо ба гурӯҳи васеътари гӯишҳои ҷанубу шарқии забони тоҷикӣ дохил мешаванд.<ref name="ref912">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §59.</ref> Хусусияти муҳимтарини гӯишҳои дарвозиву-ванҷӣ – ҷобаҷогузории зарраи ''«ме-»''-и замони ҳозира-оянда аз аввали феъл ба охири он (миёни асос ва флексия) мебошад, ки дар ҳамаи гӯишҳои ин гурӯҳ, ба ғайр аз гӯиши болои Ванҷ, мушоҳида мешавад.<ref name="ref922">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §60, §61.</ref> Аз миёни гӯишҳои дарвозӣ, ба гӯиши ванҷӣ аз ҳама наздиктар гӯиши ягидӣ (алалхусус ба зерлаҳҷаи водхудии поёни Ванҷ) ва гӯиши миёнаи дарвозиву-ваҳиёӣ (ба лаҳҷаи миёнаи Ванҷ) мебошанд.<ref name="ref932">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §62.</ref>
=== Лаҳҷаҳои дохилии гӯиши ванҷӣ ===
Розенфелд дар дохили гӯиши ванҷӣ се лаҳҷаи асосиро фарқ мекунад: лаҳҷаи поёни Ванҷ, лаҳҷаи миёнаи Ванҷ (ки онро боз лаҳҷаи ваҳиёиву-ванҷӣ низ меноманд) ва лаҳҷаи болои Ванҷ.<ref name="ref942">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §54.</ref>
Лаҳҷаи поёни Ванҷ дар деҳаҳои соҳили рости дарёи Ванҷ (аз резишгоҳ ба боло) – Вискроғ, Бичхарвак, Рохарв (маркази ноҳия), Бовид ва Одешт – ва дар соҳили чап – Дашти Роғ, Лангар, Гишхун ва Ғумаяк, инчунин дар деҳаҳои ҷамоати Водхуд роиҷ аст; аксарияти сокинони поёни Ванҷ ва Водхуд муҳоҷиронанд, ки бештарашон аз Дарвоз ва қисман аз болои Ванҷ ба ин ҷо кӯчидаанд.<ref name="ref1510" /> Дар дохили ин лаҳҷа ду зерлаҳҷа – водхудӣ ва гишхунӣ – фарқ карда мешаванд; барои зерлаҳҷаи водхудӣ лабиалишавии қавии садоноки ''«о»'', мавҷудияти зарфи ''«fru/fre»'' ба маънои ''«поён»'' ва истифодаи шакли дуюми замони ҳозира-ояндаи феъл дар шахсҳои якум ва саввуми танҳо бо флексияи ''«-a»'' (масалан, ''«gama»'', ''«ravama»'' ба ҷои шакли маъмули дарвозиву-ванҷии ''«game»'', ''«rave»'') хос аст.<ref name="ref952">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §56, саҳ. 12.</ref>
Лаҳҷаи миёнаи Ванҷ (ваҳиёиву-ванҷӣ) аз деҳаи Бунай то деҳаҳои Доршир (дар соҳили рост) ва Гуҷовас (дар соҳили чап), то деҳаи болотарини водӣ – Поймазор – паҳн аст. Сокинони ин минтақаро ''«ваҳиёчиён»'' меноманд, зеро аксарашон муҳоҷироне мебошанд, ки аз водии Ваҳиёи Боло ба ин ҷо кӯчидаанд. Барои ин лаҳҷа мавҷудияти ҳамсадоҳои болофаринголии ''«ҳ»'' ва ''«айн»'', истифодаи пасванди ''«-ak»'' дар шахси саввуми танҳои замони гузашта (''«umadastak»'' – ''«ӯ омад»''), калимаи ''«oča»'' ба маънои ''«модар»'' (ба ҷои ''«muma»''-и роиҷ дар дигар лаҳҷаҳои ванҷӣ) ва номи ''«ruzan»'' барои равзанаи дуд хос аст; ин лаҳҷа аз рӯи аломатҳои зикршуда ба лаҳҷаи ваҳиёиву-дарвозӣ наздик мешавад.<ref name="ref962">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §57, саҳ. 12.</ref>
Лаҳҷаи болои Ванҷ аз деҳаи Доршир то сарчашмаҳои дарёи Ванҷ – дар деҳаҳои Сетарғ, Мурғутга, Ван-Вани Боло ва Поён (соҳили рост) ва Гуҷовас, Гумаст, Рованд, Гармчашма, Сунгад (соҳили чап) – паҳн аст. Сокинони ин минтақа худро ''«ванҷиҳо»'' ё ''«ванҷиёни туптӣ»'' (яъне бумӣ) меноманд ва маҳз дар ҳамин лаҳҷа лексикаи бештар архаистӣ, аз ҷумла боқимондаҳои алоҳидаи забони куҳани ванҷӣ, то имрӯз нигоҳ дошта шудааст.<ref name="ref972">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §58, саҳ. 12--13.</ref> Хусусияти муҳимтарини лаҳҷаи болои Ванҷ дар он аст, ки зарраи ''«ме-»'' дар аввали шакли феълӣ боқӣ мемонад ва ба охири он нагузашта; маҳз бо ҳамин аломат, ин лаҳҷа аз ҳамаи дигар гӯишҳои дарвозиву-ванҷӣ фарқ мекунад.<ref name="ref922" />
Аз лиҳози овоӣ (фонетикӣ), гӯишҳои ванҷӣ бо паҳншавии васеи фонемаи ''«ə»'' (ки ба садонокҳои кӯтоҳи забони адабӣ рост меояд) ва мулоимшавии садоноки ''«ӯ»'' тавсиф мешаванд.<ref name="ref982">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §1--3, саҳ. 5--6.</ref> Далели дигари куҳансолии ин гӯишҳо паҳншавии васеи фонемаи ''«ж»'' аст, ки дар забони адабии тоҷикӣ танҳо дар се-чор калима боқӣ мондааст, ҳол он ки дар гӯишҳои ванҷӣ гурӯҳи назарраси калимаҳо бо ин ҳамсадо сабт шудаанд (масалан, ''«жеғ»'' – якрав, ''«жовидан»'' – ҷавидан).<ref name="ref992">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §15, саҳ. 6--7.</ref> Афтодани ҳамсадои ''«д»'' дар миёни калима, ки хоси гӯишҳои дарвозиву-ванҷист, ба сохти флексияи феълӣ низ таъсир расонидааст: дар замони гузашта шахси саввуми танҳо флексияи ''«-и»''-ро мегирад (масалан, ''«babori»'' – ''«борид»''), шахси саввуми ҷамъ бошад – флексияи ''«-ин»''.<ref name="ref1002">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §11.</ref>
Дар морфология, ҷамъбандии исм тавассути пасвандҳои ''«-о»'' (умумӣ), ''«-ун»'' (барои исмҳои ҷондор) ва ''«-гала»'' (барои гурӯҳи одамон) сурат мегирад.<ref name="ref1610" />
Лексикаи гӯишҳои ванҷӣ, нисбат ба гӯишҳои дарвозӣ низ, дараҷаи баландтари архаизмро нишон медиҳад: дар он калимаҳое нигоҳ дошта шудаанд, ки дар забонҳои адабии тоҷикӣ ва форсӣ дигар истифода намешаванд, вале дар ашъори Фирдавсӣ ё дар фарҳангҳои қадимӣ сабт гардидаанд (масалан, ''«кӯп»'' ба маънои ''«санг»'', ''«харсанг»'').<ref name="ref1012">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §48.</ref> Илова бар қабати калони калимаҳои помирӣ, дар гӯишҳои ванҷӣ гурӯҳи калимаҳое низ ба назар мерасанд, ки бо забони яғнобӣ ва ҳатто бо забони бостонии осетинӣ (аз шохаи шимолии забонҳои эронӣ) муштараканд.<ref name="ref902" /> Дар ''«Феҳристи калимаҳои куҳани ванҷӣ»'', ки ҳамчун замима ба монография пайваст шудааст, Розенфелд бар пояи таҳлили лексикӣ ва фонетикӣ ба хулосае мерасад, ки забони куҳани ванҷӣ ба гурӯҳи шуғнонию рӯшонии забонҳои помирӣ тааллуқ доштааст.<ref name="ref1022">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- Замимаи «Феҳристи калимаҳои куҳани ванҷӣ».</ref>
Бархе донишмандони рус, монанди И. И. Зарубин, А. З. Розенфелд ва дигарон, назарияеро дар бораи вуҷуди куҳанзабони ванҷӣ (русӣ: старованджский язык) ироя кардаанд, ки тибқи он ин забон тақрибан дусад сол пеш аз байн рафта, гӯиши кунунии ванҷӣ ҷойгузинаш шудааст. И. И. Зарубин дар ин маврид мегӯяд:
"Забони куҳнаи ванҷӣ дар водии Ванҷ (шохоби рости Панҷ) ва саргуломӣ дар болооби дарёи Саргулом, дар шарқи вилояти Файзободи Афғонистон ривоҷ дошт. Тақрибан дусад сол пеш лаҳҷаҳои тоҷикӣ ҷои онҳоро гирифтанд".
Забоншинос Т. Н. Пахалина дар баррасии муқоисавии забонҳои помирӣ, забони ванҷиро дар силсилаи забонҳои помирӣ чунин ҷой додааст:
''«Ванджский язык, известный в настоящее время по небольшому количеству слов, зафиксированных в 1924 г. И. И. Зарубиным [6], а позднее — А. З. Розенфельд [28; 29] (в прошлом был распространен в долине Ванджа — правого притока Пянджа).»''
Тарҷума: ''«Забони ванҷӣ, ки имрӯз танҳо бо шумораи ками вожаҳо маълум аст ва соли 1924 аз ҷониби И. И. Зарубин ва баъдтар аз ҷониби А. З. Розенфелд сабт шудааст (дар гузашта дар водии Ванҷ — шохоби рости Панҷ — роиҷ буд).»''.<ref name="ref1032">Пахалина Т. Н. Сравнительный обзор памирских языков // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 222.</ref>
Шаҳодати дигаре дар бораи фарҷоми ин забон дар мақолаи Т. Г. Абаева дар бораи пажӯҳишҳои А. В. Станишевский омадааст:
''«Укором в адрес лингвистов звучало сообщение о том, что в долине Ванча недавно умерли последние старики, владевшие ванчским языком.»''
Тарҷума: ''«Хабаре барои забоншиносон ҳамчун сарзаниш садо дод ва он ҳам дар бораи он, ки дар водии Ванҷ, ба наздикӣ пиронсолони охироне, ки забони куҳнаванҷиро медонистанд, аз дунё гузаштанд.»''.<ref name="ref1042">Абаева Т. Г. Исследования А. В. Станишевского (Азиза Ниалло) о Памире // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 290.</ref>
Дар байни намунаҳои камшумори боқимондаи забони куҳани ванҷӣ, ки дар хотираи шифоҳии пиронсолони маҳал нигоҳ дошта шудаанд, ибораи ''«Агни капол, пасни двол, чангола вол»'' сабт гардидааст.<ref name="ref215">"ҶМЛАЕ АЙ ЗАБУНИ КУНАИ ВАНҶӢ" (маводи забоншиносии шифоҳӣ, аз Анҷумани Ванҷ).</ref> Тибқи тахмини муҳаққиқони маҳаллӣ, ин ибора метавонад ба маънои тахминии ''«оташ дар пешонӣ, пас дар девор, бо чанголҳо бархез»'' тарҷума шавад; мавҷудияти вожаи ''«агни»'' (оташ), ки дар забони санскрит низ бо ҳамин маъно ба кор меравад, аз бостонии решаҳои ин забон гувоҳӣ медиҳад.<ref name="ref215" /> Ин намуна, ҳарчанд аз нигоҳи забоншиносии илмӣ то ҳол таҳлили муфассал нашудааст, аҳамияти он дар нигоҳдории бехатари охирин осори шифоҳии забони куҳани ванҷӣ, ки гӯяндагони охирини он – тавре ки дар боло зикр гардид – аллакай даҳсолаҳо пеш аз дунё гузаштаанд, нуҳуфта аст.
Забони язғуломӣ, ки дар шаш деҳаи ҷамоати Язғулом ба кор меравад, забони бехат аст ва шумораи гӯяндагонаш тақрибан 3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад; аксари язғуломиён дузабонаанд ва забони тоҷикиро низ медонанд.<ref name="ref1052">Язгулямский язык (рус.) // Лингвистический энциклопедический словарь. --- М.: Советская энциклопедия, 1990.</ref><ref name="ref1062">[https://old.bigenc.ru/linguistics/text/4924529 Язгулямский язык] (рус.) // Большая российская энциклопедия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Таҳқиқи бунёдии ин забон ба қалами эроншиноси маъруф Д. И. Эделман тааллуқ дорад, ки соли 1966 дар [[Маскав]] монографияи ''«Забони язғуломӣ»''-ро ба табъ расонидааст.<ref name="ref1072">Эдельман Д. И. Язгулямский язык. --- М.: Наука, 1966.</ref> Пас аз муҳоҷирати соли 1954 бахше аз язғуломизабонон дар ноҳияи Куйбишеви водии Вахш низ сокин шуданд ва забони язғуломӣ то кунун дар он ҷо низ ба кор меравад.<ref name="ref602" />
Дар ''«Атласи забонҳои дар хатар қарордоштаи ҷаҳон»''-и ЮНЕСКО (таҳти таҳрири Кристофер Мозли, соли 2010), забони язғуломӣ ба зумраи забонҳои осебпазир (Vulnerable) дохил гардидааст.<ref name="ref1082">Moseley Chr. (ed.) Atlas of the World\\\'s Languages in Danger. --- 3rd ed. --- Paris: UNESCO Publishing, 2010.</ref> Тибқи ҳамин Атлас, аз 15 забони дар хатар қарордоштаи Осиёи Марказӣ, 11-тояш дар Тоҷикистон, бештараш дар ҳудуди ВМКБ, роиҷ аст.<ref name="ref1092">[https://old.asiaplustj.info/en/news/tajikistan/society/20170629/unesco-publishes-atlas-of-the-worlds-languages-in-danger UNESCO publishes atlas of the world\\\'s languages in danger] (англ.) // Тоҷикистон Ньюз Азия-Плюс, 29 июни 2017. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Пажӯҳиши ҷомеашиносии забонии Д. Пол, Э. Аббесс, К. Мюллер, К. Тиссен ва Г. Тиссен нишон медиҳад, ки муносибати сокинони водии Язғулом ба ҳарду забон – язғуломӣ ва тоҷикӣ – мусбат аст: забони модарӣ дар зиндагии рӯзмарра пурқувват боқӣ монда, ҳеҷ нишонае аз ҷойивазкунии он бо забони тоҷикӣ мушоҳида намешавад, ҳарчанд забони тоҷикиро низ дар баъзе ҳавзаҳо муфид медонанд.<ref name="ref1102">Paul D., Abbess E., Müller K., Tiessen C., Tiessen G. Language Access and Tajik Language Proficiency among the Yazghulami of Tajikistan. --- SIL International, 2010.</ref> Дар пойгоҳи байналмилалии таснифи забонҳо ''«Глоттолог»'' забони куҳани ванҷӣ бо рамзи ''«oldw1238»'' ва забони язғуломӣ бо рамзи ''«yazg1240»'' сабт шудаанд.<ref name="ref1112">Glottolog 5.0, коди «oldw1238» (забони куҳани ванҷӣ) ва «yazg1240» (забони язғуломӣ).</ref>
== Бахшбандӣ ==
Бар асоси Қонуни тақсимоти маъмурию ҳудудии кишвар, ноҳияи Ванҷ аз 1 шаҳрак (Ванҷ) ва 6 ҷамоат иборат аст:<ref name="ref1122">Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. --- Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013. --- 332 с.</ref>
{| class="wikitable"
!'''Ҷадвали 5. Ҷамоатҳои ноҳияи Ванҷ'''
|-
|'''Ҷамоат'''
|'''Аҳолӣ (нафар)'''
|'''Деҳаҳо'''
|-
|ба номи Маҳмадулло Абдуллоев
|10 983
|Бичхарв, Бодалд, Ускроғ, Роғ, Дашти Роғ, Панҷшанбеобод, Убари Даргов, Рохарв, Гушхун, Ғумаяк, Бовуд, Одешт, Ҷангали Зуго
|-
|Водхуд
|2178
|Пшихарв, Даштак, Лугад, Бунига, Узбай, Лахш, Баравн, Баравни Таг, Баравни Тор, Ваҳдат, Вравз
|-
|Ҷовидон
|4201
|Бунай, Рав, Жовуд, Потов, Арнавад, Убго
|-
|Рованд
|5573
|Ширговад, Ғиҷоваст, Мудеҳарв, Вишхарвак, Старғ, Ғӯмас, Мурғутга, Рованд, Гармчашма, Ван-Ван, Сунгад, Поймазор
|-
|Техарв
|3401
|Гич, Садвадг, Сед, Шаврӯ, Техарв, Чихох, Удоб, Равгада
|-
|Язғулом
|6065
|Мотравн, Вишхарв, Будун, Шавуд, Андарбоғ, Жамаг
|}
Дар санадҳои расмии солҳои охир ҷамоати марказии ноҳия бо номи ''«деҳоти Маҳмадулло Абдуллоев»'' зикр мегардад.<ref name="ref410" />
Барои муқоиса, тибқи гузориши капитан Кузнецов, дар соли 1892 бекигарии Дарвоз (ки Ванҷ ҷузъи он буд) ба 11 амлокдорӣ тақсим мешуд:
''«Въ административномъ отношеніи Дарвозское бекство дѣлится на 11 амилякдарствъ: Чиль-Даринское, Тавиль-Даринское, Сагри-Даштское, Кала-и-Хумбское, Шикайское, Куфское, Хагонское, Май-Майское, Джумарчское, Ванчское, Вахія-болё и два особыхъ отдѣла–Язгулемскій и Тангъ-Шивскій.»''
Тарҷума: ''«Аз ҷиҳати маъмурӣ, бекигарии Дарвоз ба 11 амлокдорӣ тақсим мешавад: Чилдарин, Тавилдарин, Сағридашт, Қалъаи Хумб, Шикай, Куф, Ҳагон (Деҳхагон), Моймай, Ҷумарҷ, Ванҷ, Вахиёи Боло ва ду шӯъбаи алоҳида — Язғулом ва Тангшив»''.<ref name="ref1132">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 68.</ref>
Аз ин тақсимот бармеояд, ки Ванҷ дар соли 1892 аллакай ҳамчун амлокдории алоҳида, ва Язғулом ҳамчун шӯъбаи ниммустақилу ба таври алоҳида идорашаванда фарқ карда мешуданд — падидае, ки то андозае бо бахшбандии имрӯзаи ноҳия, ки дар он Язғулом ҷамоати алоҳида аст, монандӣ дорад.
Тақрибан ҳаштод сол пас аз гузориши Кузнецов, забоншинос Д. И. Эделман, бар пояи маводи саҳроии худ ва пажӯҳиши А. З. Розенфелд, рӯйхати муфассали рустоҳои Ванҷро чунин овардааст:
''«Население Ванджа ныне говорит по-таджикски, хотя сравнительно недавно здесь еще бытовал ванджский язык, принадлежавший к памирской группе языков. Названия кишлаков по течению Пянджа: Даштак, Узбай, Лахш, Варавз, Лангарак, Бараун, Водхуд; по Ванджу: Бич-харвак, Рог, Лангар, Гишхун, Рохарв (официально Ванч), Гумаяк, Одешт, Бунай, Потоу, Жовид, Чихох, Сед, Техарв, Гуджовас, Ширговат, Доршир, Гумаст, Сетарг, Рованд, Мургытга, Сунгад, Ван-Ван, Поймазор.»''
Тарҷума: ''«Аҳолии Ванҷ имрӯз бо забони тоҷикӣ гуфтугӯ мекунад, ҳарчанд то ба ҳамин наздикӣ, дар ин ҷо, ҳанӯз, забони куҳнванҷӣ роиҷ буд, ки ба гурӯҳи забонҳои помирӣ тааллуқ дошт. Номҳои рустоҳо дар масири Панҷ: Даштак, Взбай, Лахш, Вароваз, Лангарак, Баравн, Водхуд; дар масири Ванҷ: Бичхарвак, Роғ, Лангар, Гишхун, Рохарв (расман Ванҷ), Ғумаяк, Одешт, Бунай, Потов, Жовид, Чхох, Сед, Техарв, Ғҷовас, Шрговад, Дуршер, Ғӯмас, Старғ, Рованд, Мурғтга, Смгад, Ван-Ван, Поймазор.»''.<ref name="ref1142">Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 50.</ref>
== Хоҷагидорӣ ==
Соҳаҳои асосии хоҷагидории ноҳия ғаллакорӣ, чорводорӣ, боғдорӣ ва сабзавоткорист; дар замони шӯравӣ тамокукорӣ низ соҳаи асосӣ буд. Соли 1939 дар тамоми ВМКБ 123 колхоз мавҷуд буд, аз ҷумла дар Ванҷ 30 колхоз таъсис дода буданд.
Водии Водхуд аз қадим бо ҳосилхезии замин ва фаровонии тути худ ном баровардааст: захираи ғалла ва меваи хушки ин мавзеъ (тут, зардолу, себ) на танҳо сокинони маҳаллӣ, балки деҳоти камзамини ҳамсояро низ аз танқисӣ мераҳонд ва ибораи мардумии ''«тути Водхуд пухт, имсол ҳам ҷон ба саломат бурдем»'' аз ҳамин воқеият бармеояд.<ref name="ref210" />
Дар ноҳия 53 хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд аст. Майдони умумии заминҳои хоҷагӣ 14 417 гектар аст, аз ҷумла заминҳои корам – 1381 гектар (2012), чарогоҳҳо – 1219 гектар, боғҳо – 734 гектар. Тибқи омори соли 2012 дар ноҳияи Ванҷ 2478 тонна ғалла, 1924 тонна гӯшт, 1 млн дона тухм, 3742 тонна шир, 157 тонна чормағз, 6353 тонна сабзавот ва 11 295 тонна картошка ба даст омад. Бар асоси омори соли 2011, шумораи чорво дар хоҷагиҳо чунин буд: гов – 15 234 сар, гӯсфанду буз – 32 498 сар.
Дар давоми даҳсолаи охир сохтори хоҷагидории ноҳия ба таври куллӣ дигаргун шуд: ба ҷои 53 хоҷагии деҳқонии соли 2012, имрӯз 14 ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ 120 хоҷагии инфиродиро бо фарогирии 3217 саҳмдор муттаҳид месозад.<ref name="ref1152">Ванҷ. Рушди соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Майдони умумии заминҳои корам ба 2601 гектар расидааст, ки аз он бештар аз 1080 гектарро боғҳои мевадиҳанда ташкил медиҳанд; танҳо дар бист соли охир 282 гектар замини нав аз худ карда шудааст.<ref name="ref1162">[https://khovar.tj/2025/11/dar-no-iyai-van-so-ai-bo-parvar-rushd-meyobad/ Дар ноҳияи Ванҷ соҳаи боғпарварӣ рушд меёбад] // АМИТ «Ховар», 18 ноябри 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Тибқи таҳлилҳои муқоисавӣ, дар зарфи се даҳсолаи охир истеҳсоли ғалладонагиҳо тақрибан 6 баробар, картошка 8 баробар, сабзавот 16 баробар ва мева 42 баробар афзудааст.<ref name="ref1172">Ванҷ. Ҷашни истиқлол мондагор хоҳад буд // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Танҳо то охири моҳи октябри соли 2025 аз боғоти ноҳия 2205 тонна меваи тару тозаву хушк ба бозорҳои хориҷӣ ва шаҳрҳои калони ҷумҳурӣ содирот гардид,<ref name="ref1162" /> ва моҳи августи соли 2023 кишоварзони ноҳия дар ярмаркаи Боғи ''«Куруши Кабир»''-и Душанбе зиёда аз 13 тонна маҳсулоти тару тоза ба сокинони пойтахт пешниҳод карданд.<ref name="ref1182">Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби кишоварзони ноҳияи Ванҷ // АМИТ «Ховар», августи 2023. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Аз соли 2009, вақте ки дар ноҳия аввалин ду гармхонаи намунавӣ ба кор дароварда шуданд,<ref name="ref1192">Дар Ванҷ гармхонаҳо ба кор даромаданд // АМИТ «Ховар», августи 2009. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> технологияи гармхонагӣ дар қисматҳои поёнии ноҳия паҳн шудааст. Дар давраи охир, дар ҳамкорӣ бо мутахассисони минтақаи илмӣ-таҷрибавии ''«Ҷангали Зуго»''-и Институти биологии Помир, соҳибкор Ҳайдар Фаёзов аз деҳаи Гишхун дар ноҳия парвариши озмоишии лимӯ ва дигар меваҳои ситрусиро оғоз кард – навъе, ки то ҳол дар ВМКБ танҳо хоси баъзе минтақаҳои ноҳияи Дарвоз буд.<ref name="ref1202">Ванҷ. Авлавият ба рушди лимӯпарварӣ // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Таърихи иқтисодиёт: аз мубодилаи молӣ то бозор (асри XIX) ===
Дар асри XIX иқтисодиёти Ванҷ, монанди тамоми Дарвоз, хусусияти патриархалӣ ва асосан мубодилавӣ (натуралӣ) дошт. Тибқи маълумоти И. Юхновский, ки соли 1894 дар рӯзномаи ''«Туркестанские Ведомости»'' ба нашр расидааст, дар водии Ванҷ пул, ченаку вазн қариб номаълум буда, тиҷорат асосан ба таври мубодилавӣ сурат мегирифт; танҳо мансабдорони бухороӣ чой менӯшиданд, аҳолии таҳҷоӣ бошад, ин нӯшокиро танҳо дар ҷашнҳои оилавӣ истифода мебурд.<ref name="ref211">Юхновский И. Туркестанские Ведомости. — 1894. — № 65.</ref> Ҳангоми муайян кардани арзиши маҳсулот, воҳиди ченаки ''«карбос»'' (порчаи дастбофти маҳаллӣ) барои матоъ ва ''«тӯппӣ»'' барои маҳсулоти донагӣ ба кор мерафт.<ref name="ref211" /> Тибқи нархномаи ҳамон давра, як ишак (тахминан 4 пуд) ғалла аз 4 то 6 танга, як гӯсфанди калон 6-7 танга ва як гӯсфанди хурд 4 танга арзиш дошт; тангаи нуқрагини бухороӣ вазни 3,36 грамм дошт.<ref name="ref211" /> Аз Ванҷ асосан оҳани дар конҳои болооби дарёи Ванҷ истихроҷшуда ва қисман ғалладона ба минтақаҳои ҳамсояи Дарвоз, тавассути Қалъаи Хумб, содир мегардид.<ref name="ref211" />
=== Кишоварзии анъанавӣ: ангури Ванҷӣ ===
Яке аз навъҳои қадимаи ангури маҳаллӣ, ки то имрӯз парвариш карда мешавад, навъи ''«Ванҷӣ»'' аст. Тибқи Энсиклопедияи миллии тоҷик, ин навъи ангури миёнапаз баргҳои калони гирда, хӯшаҳои калони махрутшакли 350-400 грамма ва ғужбҳои калони байзашакли сафеди зардчаро доро буда, дар таркиби меваи пухтааш 20-21,5 фоиз қанд ҷамъ мешавад.<ref name="ref218">Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 3. — Душанбе, 2014.</ref> Ангури Ванҷӣ нимаи моҳи май гул карда, мевааш нимаи августи ҳамон сол мепазад ва давраи нашъунамои он 135-145 рӯзро дар бар мегирад; ин навъ барои хӯрдан ва хушконидан мувофиқ буда, то 24 фоиз мавизи баландсифат медиҳад ва то моҳи январ нигоҳ дошта мешавад.<ref name="ref218" /> Мутаассифона, токи ин навъи ангур ба сармо ва бемории гарда тобовар нест, ки ин омил боиси маҳдудияти парвариши он дар минтақаҳои хунуктар мегардад.<ref name="ref218" />
=== Ҳунармандии анъанавӣ ===
Дар соҳаи ҳунармандӣ, мардуми Ванҷ таърихан ба истеҳсоли пойафзол (чоруқ, нимпоймонак) аз пӯсти дағалона коркардшуда ва либос аз матои ''«карбос»''-и худбоф машғул буданд, ки занон онро аз пашми дағал мебофтанд.<ref name="ref211" /> Матоъ ва баъзе маҳсулоти дигар – аз ҷумла пӯсти рӯбоҳу гурба – ҳамчунин аз водиҳои ҳамсояи Шуғнону Рӯшон, тавассути пиёдагардон ва бо миқдори ками пинҳонӣ, ворид карда мешуданд, ки ин далели мавҷудияти шабакаи мубодилаи тиҷоратӣ дар байни аҳолии гуногуни Бадахшон аст.<ref name="ref211" />
=== Чорводорӣ ва занбӯриасалпарварӣ ===
Дар муқоиса бо давраи пеш аз истиқлол, дар ноҳия саршумори чорвои калону майда дар маҷмуъ 2 баробар, истеҳсоли гӯшт 4 баробар ва истеҳсоли тухм 31 баробар афзудааст.<ref name="ref1172" /> Тибқи омори соли 2023, саршумори чорвои калони шохдор ба 17 135 сар (нисбат ба 15 234 сар дар соли 2011) ва моли майда (гӯсфанду буз) ба 41 000 сар (нисбат ба 32 498 сар) расидааст; ҳамчунин дар хоҷагиҳои ноҳия 41 350 сари парранда ва 1082 оилаи занбӯри асал ба қайд гирифта шудааст.<ref name="ref1172" /><ref name="ref1152" /> Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди занбӯриасалпарвариро яке аз воситаҳои пасткунандаи камбизоатӣ ва таъминкунандаи шуғли деҳот муайян кардааст.
Сарватҳои зеризаминии ноҳия: пахтасанги кӯҳӣ (асбест), молибден, мармар ва ғайра; инчунин конҳои никел, оҳансанг ва оҳак мавҷуданд.
=== Муҳоҷирати меҳнатӣ ===
Мисли аксари минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон, иқтисодиёти хонаводаҳои Ванҷ ба таври назаррас аз муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳаволапулиҳо вобаста аст. Тибқи арзёбии [[Бонки Ҷаҳонӣ]] аз моҳи ноябри соли 2025, ҳаволапулиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ беш аз 30 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд ва, гарчанде вобастагӣ ба ин маблағҳо сатҳи камбизоатиро коҳиш додааст, нобаробарии даромад (нишондиҳандаи Гини) аз 32 то 38 дар байни солҳои 2021 ва 2023 афзудааст; ВМКБ дар қатори минтақаҳое зикр шудааст, ки бо маҳдудиятҳои шадиди ҷуғрофиву иқлимӣ рӯбарӯянд.<ref name="ref1212">[https://www.worldbank.org/en/country/tajikistan/publication/poverty-and-equity-assessment Tajikistan Poverty and Equity Assessment] (англ.) // Бонки Ҷаҳонӣ, 22 сентябри 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Пажӯҳиши умумимиллии соҳаи тандурустӣ доир ба муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон нишон додааст, ки дар байни панҷ минтақаи кишвар (Душанбе, ВМКБ, Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ), ҳиссаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар аҳолии ВМКБ (49,59 фоиз аз намунаи пажӯҳишӣ) назар ба дигар минтақаҳо (камтар аз 32 фоиз) хеле баландтар будааст.<ref name="ref1222">[https://pmc.ncbi.nlm.nih.gov/articles/PMC11679146/ Inclusion of Labor Migrants as a Potential Key Population for HIV: A Nationwide Study from Tajikistan] (англ.) // PMC/NCBI. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар маҷмуи умумимиллӣ, беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон ҳарсола барои кор ба Русия мераванд; ҳаволапулиҳо дар соли 2013 қариб нисфи маҷмуи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медоданд, ки то соли 2018 ба тақрибан 30 фоиз (2,2 миллиард доллари ИМА) коҳиш ёфт.<ref name="ref1232">[https://www.migrationpolicy.org/article/dependent-remittances-tajikistan-prospects-dim-economic-growth Dependent on Remittances, Tajikistan\\\'s Long-Term Prospects for Economic Growth and Poverty Reduction Remain Dim] (англ.) // Migration Policy Institute. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Саноат ===
Дар ноҳия корхонаҳои хурди саноатӣ – сехи чӯҷабарорӣ, заводи хишти ''«Лугад»'', ҶДММ ''«Хрустал»'' – фаъолият доранд. Дар Ванҷ бозорҳои марказӣ ва марзӣ низ амал мекунанд.
25 июни соли 2025 дар ноҳия корхонаи истеҳсоли калсит, коркарди мармар ва сангҳои ороишии ҶСК ''«Мармар Стоун»'' ба кор шурӯъ кард, ки иқтидори солонаи он 40 ҳазор тонна маҳсулот буда, 40 сокини маҳаллиро бо ҷои кори доимӣ таъмин намудааст. Корхона чор хатти истеҳсолӣ дорад ва дар он беш аз 20 навъи санги табиӣ коркард мешавад; иқтидори истеҳсоли тахтасангҳои ороишӣ (мозаика) 10 ҳазор м³ ва коркарди санги мармар 160 ҳазор м³ дар як солро ташкил медиҳад.<ref name="ref1242">[https://asiaplustj.info/tj/node/350189 Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ аз Ванҷ оғоз шуд. Президент дар ин ноҳия кадом иншоотро ба истифода дод?] // Asia-Plus, 25 июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="ref1252">Ифтитоҳи корхонаҳои истеҳсоли калсит, коркарди мармар ва сангҳои ороишии ҶСК «Мармар Стоун» дар ноҳияи Ванҷ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
Дар ҳамон рӯз Парки саноатии ноҳия мавриди истифода қарор гирифт, ки дар масоҳати 788 м² ҷойгир буда, 6 корхонаи хурди истеҳсолиро фаро мегирад: истеҳсоли макарон, бандубасти маҳсулоти лӯбиёгӣ, коркарди равғани чормағз, коркард ва бандубасти меваи хушк, истеҳсоли собун ва дару тирезаҳои пластикӣ. Фаъолияти парк дар маҷмуъ 36 сокини маҳаллиро бо кор таъмин мекунад.<ref name="ref1242" /><ref name="ref1262">Ифтитоҳи Парки саноатии ноҳияи Ванҷ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
Дар доираи ҳамин парк, инчунин корхонаи коркарди равғани ангат (Hippophae rhamnoides) – растании шифобахши худрӯй, ки дар қад-қади дарёҳои ноҳия фаровон мерӯяд – ба кор шурӯъ кардааст; иқтидори он то 500 килограмм равғани холис дар як сол буда, аз ин ашё то 12 навъи маҳсулоти фармасевтию косметологӣ омода карда мешавад.<ref name="ref1272">Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ // Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ, июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Пеш аз таъсиси ин корхона, дар деҳаи Ғуҷоваст соҳибкорзан Васила Ғафурова коргоҳи хурди коркарди ангатро таъсис дода буд, ки маводи он берун аз ноҳия низ харидор пайдо кардааст.<ref name="ref1242" /> Барои дастгирии соҳибкории хурду миёна дар солҳои 2018-2019 ба соҳибкорони ноҳия зиёда аз 6,5 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шудааст.<ref name="ref1282">Сафарҳои дохилӣ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Энергетика ===
Дар Ванҷ чандин неругоҳи хурди барқи обӣ (НБО) фаъолият мекунад. Аз ҷумла, НБО-и ''«Техарв»'' дар дарёи Ванҷ бо иқтидори 400 кВт таҷдид гардида, ба шабакаи ягонаи барқи кишвар пайваст карда шудааст; НБО-и ''«Андарбак»'' дар водии Язғулом ба шабакаи ширкати ''«Помир Энерҷӣ»'' пайваст аст.<ref name="ref1292">[http://www.cawater-info.net/best-practices/ru/base/marker/21 Реконструкция МГЭС Техарв на реке Ванч мощностью 400 кВт в Ванчском районе Горно-Бадахшанской автономной области] (рус.) // CAWater-Info. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Таҳлилҳои соли 2021 нишон дода буданд, ки шабакаҳои барқии ноҳия ҳамагӣ 2,6 мегаватт барқ истеҳсол мекунанд, дар ҳоле ки барои фаъолияти пуриқтидори корхонаҳои нави саноати кӯҳӣ (ба мисли ''«Мармар Стоун»'') беш аз 5,6 мегаватт лозим буд.<ref name="ref1302">Имсол дар Ванҷ дар 15 гектар боғи нав бунёд карда шуд // АМИТ «Ховар», июли 2021. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Моҳи июни соли 2025 хатти интиқоли барқи дузанҷираи 35 ва 110-киловолтаи Хоруғ-Рӯшон бо дарозии 67,5 км ва зеристгоҳи ''«Ҷангал»'' ба маблағи умумии 114 миллион сомонӣ ба истифода дода шуд, ки интиқоли муназзами неруи барқро ба ноҳияҳои Рӯшон, Ванҷ ва Дарвоз ба маротиб беҳтар мегардонад; ҳамзамон сохтмони хатти 42-километраи интиқоли барқи 110-киловолта аз маркази ноҳияи Рӯшон то зеристгоҳи ''«Вознавд»'' оғоз ёфт, ки ба истифода додани он дар нимсолаи аввали соли 2026 пешбинӣ шудааст.<ref name="ref1312">[https://khovar.tj/2025/06/suhanronii-prezidenti-um-urii-to-ikiston-peshvoi-millat-emomal-ra-mon-dar-mulo-ot-bo-ro-baron-va-faoloni-viloyati-muhtori-k-istoni-badahshon/ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон] // АМИТ «Ховар», июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Нақлиёт ===
Нақлиёти ноҳия асосан автомобилист; як фурудгоҳи хурд ҳам дар шаҳраки Ванҷ (Рохарв) вуҷуд дорад. Қаламрави ғарбии ноҳия дар масири шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Мурғоб-Қулма қарор дорад; лоиҳаи таъмиру таҷдиди қитъаи ин шоҳроҳ аз Қалъаихумб то Ванҷ ва сарҳади ноҳияи Рӯшон арзиши умумии 2,5 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки то имрӯз корҳо ба маблағи 900 миллион сомонӣ анҷом ёфтаанд.<ref name="ref1322">Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ванҷ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> 25 июни соли 2025 роҳи мошингарди маркази ноҳия то нуқтаи пайвастшавӣ ба ин шоҳроҳ, иборат аз ду хатти ҳаракат бо дарозии умумии 16 км, пас аз таҷдид ба истифода дода шуд; дар дарозои роҳ истгоҳҳои нақлиётӣ ва гузаргоҳҳо барои пиёдагардон бунёд гардидаанд.<ref name="ref1242" /><ref name="ref1332">Ифтитоҳи роҳи маркази ноҳияи Ванҷ то нуқтаи пайвастшавӣ ба шоҳроҳи Душанбе--Кулма // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
23 июни соли 2025 ширкати ҳавопаймоии ''«Тоҷик Эйр»'' пас аз ёздаҳ соли танаффус (парвози охирин соли 2014 сурат гирифта буд) хатсайри ҳавоии Душанбе-Ванҷ-Душанберо аз нав кушод: парвози нахустин бо 15 мусофир анҷом ёфт. Парвоз дар ин масир 50 дақиқа тӯл кашида, тибқи ҷадвал ҳафтае як маротиба, рӯзҳои ҷумъа, бо ҳавопаймои Ан-28 иҷро мешавад ва нархи чипта дар як самт 750 сомонӣ муайян гардидааст.<ref name="ref1342">[https://asiaplustj.info/tj/node/350087 Оғози парвози ҳавопаймоӣ миёни Душанбе ва Ванҷ. Аввалин парвоз кай ва нархи чипта чанд аст?] // Asia-Plus, июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="ref1352">[https://asiaplustj.info/tj/node/350121 Пас аз 11 сол. Аввалин парвози ҳавопаймо дар масири Душанбе-Ванҷ-Душанбе анҷом ёфт] // Asia-Plus, 23 июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар доираи татбиқи ''«Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»'' (қабулшуда 28 июни соли 2024), 24 феврали соли 2026 дар шафати роҳҳои мошингарди ноҳияи Ванҷ беш аз 2000 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва сояафкану мевадиҳанда шинонида шуд.<ref name="ref1362">[https://khovar.tj/2026/02/daraht-binshon-dar-shafati-ro-oi-moshingardi-van-besh-az-2000-beh-ni-ol-shinonida-shud/ ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳҳои мошингарди Ванҷ беш аз 2000 бех ниҳол шинонида шуд] // АМИТ «Ховар», 24 феврали 2026. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Фарҳангу маориф ==
Пеш аз инқилоб аҳолии маҳаллии Ванҷ дар масҷидҳо ва хонаҳои муллоён хатту савод меомӯхтанд ва на ҳама ақшори мардум фурсат ва имкони саводомӯзӣ доштанд. Аз ин рӯ нисбати саводнокӣ дар миёни онҳо хеле паст буд ва ба сахтӣ метавонист ба 3-10 % бирасад. Саводомӯзии саросарии аҳолиро ҳукумати шӯравӣ ба роҳ монд.
Соли 1926 нахустин мактаб дар минтақа фаъолияти худро оғоз намуд: дар он танҳо 1 муаллим – Одил Боқиев (аз деҳаи Чихох) кор мекард ва 25 талаба дар он ҷо дарс меомӯхтанд. Соли 1930 шумораи муаллимон ба 7 нафар расид. Дар авохири даҳаи 30-юми асри XX тақрибан дар ҳамаи маҳалҳои сераҳолии деҳшӯроҳои Ванҷ мактабҳои ибтидоӣ таъсис ёфтанд, ки бештари бачагону наврасон дар онҳо таҳсил мекарданд.
Тобистони соли 1941 (дар арафаи [[Ҷанги Бузурги Ватанӣ]]) дастгоҳи кинонамоишдиҳӣ дар Ванҷ сохта, ба марҳалаи истифода расид. Соли 1941 дар вилоят 41 китобхона вуҷуд дошт, аз ҷумла китобхонаи ноҳиявӣ дар маркази Ванҷ ва 12 чойхонаи сурх. Дар аввали моҳи апрели соли 1930 дар яке аз деҳаҳои баландкӯҳи водии Ванҷ – Рованд нахустин маҷлиси ҷавонон баргузор шуд.
Дар соли таҳсилии 2011-2012 дар ноҳияи Ванҷ 50 мактаб, аз ҷумла 23 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 4 мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, 13 мактаби ибтидоӣ, мактаб-интернат ва муассисаи томактабӣ вуҷуд дошт. Дар ҳамин сол дар мактабҳои ноҳия 7437 талаба таҳсил мекард, ки ба онҳо 928 муаллими соҳибмаълумоти олӣ дарс медоданд.
25 июни соли 2025 дар деҳаҳои Мотравн, Будун, Вишхарв, Жамаг, Бунай, Техарв ва Ғиҷовасти ноҳия 7 кӯдакистони нав ифтитоҳ гардид: чор кӯдакистон аз ҳисоби буҷети маҳаллии вилоят ва се кӯдакистони дигар аз ҳисоби сокинони деҳаҳо тариқи ҳашар сохта шудаанд. Ин муассисаҳо аз 20 синфхона иборат буда, барои 380 тарбиятгиранда пешбинӣ шудаанд ва дар онҳо 34 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.<ref name="ref1242" /><ref name="ref1372">[https://khovar.tj/2025/06/peshvoi-millat-emomal-ra-mon-dar-no-iyai-van-ba-tavri-ma-oz-7-muassisai-talimii-tomaktabiro-iftito-namudand/ Ифтитоҳи 7 кӯдакистон дар ноҳияи Ванҷ] // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
Дар Ванҷ 45 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 1 театр, 13 клуб, 2 автоклуб, 5 хонаи фарҳанг, 25 китобхона бо фонди 114 960 нусха китоб фаъолият мекунад. Рӯзномаи ноҳиявӣ бо номи ''«Ватан»'' нашр мешавад: тибқи маълумоти Энсиклопедияи миллии тоҷик, ин нашрия соли 1937 ҳамчун органи Кумитаи Ҳизби коммунистӣ ва кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи ноҳия бо номи ''«Ҳақиқати Ванҷ»'' ба нашр расида, нахустин сардабираш Пирумшо Роҳатов буд; аз соли 1963 он бо номи ''«Ватан»'' моҳе як бор нашр мешавад ва адади нашраш дар соли 2014 ба 1200 нусха расидааст.<ref name="ref218" /> Рӯзнома дар тӯли даҳсолаҳо нақши муҳимро дар инъикоси ҳаёти фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии Ванҷ бозидааст.
Ванҷ ҳамчунин дорои мероси ғании эҷодиёти шифоҳии мардумӣ – афсонаҳо, қиссаҳо, зарбулмасалҳо ва чистонҳо – мебошад, ки аз насл ба насл интиқол ёфта, ҷаҳонбинӣ ва арзишҳои ахлоқии сокинони минтақаро инъикос мекунанд; намунаҳои қадимтарини сабтшудаи чунин фолклор ба маҷмуаи Семёнов (1903) тааллуқ доранд (ниг. боло, бахши ''«Осори таърихӣ»''). Бо вуҷуди ин, қисми зиёди ин мероси шифоҳӣ то ҳол ба таври пурра ҷамъоварӣ ва илман таҳқиқ нашудааст.
== Тиб ==
Аввалин иттилои тиббии сабтшуда дар бораи Ванҷ ба гузориши капитан Кузнецов (соли 1892) рост меояд, ки паҳншавии бемории зоб (гулбандварамӣ)-ро дар байни дигар бемориҳои маъмули Дарвоз махсус қайд кардааст:
''«Изъ другихъ болѣзней особенно развитыхъ въ Дарвозѣ, слѣдуетъ отмѣтить зобъ, главнымъ образомъ по рѣкѣ Ванчъ.»''
Тарҷума: ''«Аз дигар бемориҳое, ки дар Дарвоз хеле паҳн шудаанд, бояд зобро қайд кард, ки асосан дар канори дарёи Ванҷ вомехӯрад»''.<ref name="ref1382">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 51.</ref>
Соли 1939 дар Ванҷ маркази тиббӣ ва бемористоне барои 10 кат сохта шуда буд. Ин иттифоқ дар канори душвориҳои азиме ба вуҷуд омад: то оғози асри XX дар водӣ тибби илмӣ вуҷуд надошт ва сокинон танҳо ба гиёҳдармонӣ ва дуохонӣ такя мекарданд, ки боиси сатҳи баланди фавти модарону кӯдакон мегардид.<ref name="ref492" /> Тибқи як таҳқиқи диссертатсионӣ, гузариш ба тибби муосир бо муқовимати шадид ҳамроҳ буд: соли 1929 табиби рус Спажев, ки барои расонидани кумаки аввалияи тиббӣ ба Ванҷ фиристода шуда буд, аз ҷониби дастаҳои босмачӣ ба қатл расонида шуд – ҳодисае, ки соли 1931 бо қатли табиб Олхов дар ноҳияи ҳамҷавори Қалъаихумб такрор ёфт.<ref name="ref1392">Диссертатсия // Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ.</ref> Муҳоҷирати маҷбурии соли 1954-и сокинони водии Язғулом ба водии гарми Вахш низ оқибатҳои вазнини беҳдоштӣ – бемории оммавӣ ва фавти зиёди кӯдакон – ба бор овард, ки яке аз сабабҳои бозгашти тадриҷии як қисми муҳоҷирон ба зодгоҳашон гардид.<ref name="ref492" />
Ҳоло дар ноҳия як беморхонаи марказӣ (дар шаҳраки Рохарв, дорои 6 шуъбаи бистарикунонӣ), як беморхонаи минтақавӣ дар водии Язғулом, 22 бунгоҳи тиббӣ, маркази назорати беҳдоштӣ (санитарию эпидемиологӣ) ва 4 дорухона фаъолият доранд. Тибқи маълумоти соли 2023, ба ин шабака 57 310 нафар бемор муроҷиат кардааст – ба ҳисоби миёна беш аз 1,6 маротиба барои ҳар сокини ноҳия дар як сол.<ref name="ref1402">Ванҷ. Роҳандозии тадбирҳо дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар сохтори марказии шабака 47 духтури дорои маълумоти олӣ ва 193 корманди миёнаи тиббӣ кор мекунанд; рақами 369 нафар пизишки дорои маълумоти олӣ, ки дар маъхазҳои умумӣ оид ба ноҳия зикр мешавад, эҳтимол тамоми мутахассисони тиббии ҳудуди ноҳияро – аз ҷумла дорухонаҳо, СЭС ва муассисаҳои хусусиро – дар бар мегирад.<ref name="ref1402" />
Дар водии дурдасти Язғулом, ки пеш аз истиқлол мардум маҷбур буданд беморони вазнинро тавассути чорвои борбар ба масофаҳои дур интиқол диҳанд, имрӯз як дармонгоҳи минтақавӣ, ду маркази саломатӣ, се бунгоҳи тиббӣ дар деҳаҳои дурдаст ва як таваллудхонаи махсусгардонидашуда фаъолият доранд.<ref name="ref1402" /> Дар деҳаи Гармчашмаи ҷамоати Рованд, наздики лозури Ванҷях, як маркази саломатии муосир бо ҳамкории Вазорати тандурустӣ ва Хадамоти ҳифзи сиҳатии [[Бунёди Оғохон]] (Aga Khan Health Services) сохта шудааст.<ref name="ref1412">Ифтитоҳи маркази саломатӣ дар ноҳияи Ванҷ // АМИТ «Ховар», сентябри 2015. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар доираи барномаи миллии рушди инфрасохтори тиббӣ, соли 2025 сохтмони бинои нави Беморхонаи марказӣ барои 120 кат бо арзиши 114 миллион сомонӣ оғоз гардид.<ref name="ref1422">Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Ванҷ // Президенти Тоҷикистон, 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Барои ҳалли норасоии кадрҳо, тайи давраи соҳибистиқлолӣ 142 нафар хатмкунандаи ноҳияи Ванҷ дар муассисаҳои олии тиббии ҷумҳурӣ (пеш аз ҳама Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино) таҳсил кардаанд, ки аз ин шумора 40 нафар тавассути квотаи президентӣ буда, соли 2025 боз 22 нафари дигар ба ҳамин квота фаро гирифта шуданд.<ref name="ref1422" /> Барномаи ''«Корвони саломатӣ»''-и Вазорати тандурустӣ низ борҳо ба Ванҷ ташриф оварда, ба табибони маҳаллӣ таҷрибаандӯзӣ фароҳам овардааст.<ref name="ref1432">«Корвони саломатӣ». Сокинони ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ бо хизматрасонии ройгони тиббӣ фаро гирифта шуданд // АМИТ «Ховар», майи 2022. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Бо сабаби баландкӯҳ будани минтақа, Ванҷ таърихан ба минтақаҳои паҳншавии бемории ҷоғвар (норасоии йод) мансуб буд; тибқи маълумоти таҳлилӣ, дар натиҷаи стратегияи миллии йодизатсияи намак сатҳи паҳншавии ин беморӣ дар давраи солҳои 2019-2023 то 72 фоиз коҳиш ёфтааст.<ref name="ref1442">Авҷи Зуҳал, № 2, 2025.</ref> Бо назардошти сатҳи баланди муҳоҷирати меҳнатии сокинони ноҳия, маркази маҳаллии мубориза бар зидди ВНМО (ВИЧ) корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни ҷавонон пайваста мегузаронад.<ref name="ref1402" /> Дар давраи пандемияи [[COVID-19]] Беморхонаи марказии Ванҷ шуъбаи бемориҳои сироятиро ба реҷаи фавқулодда гузаронид, ва моҳи июни соли 2020 тибқи барномаи дастгирии [[Иттиҳоди Аврупо]] ба ин муассиса таҷҳизоти муҳофизати инфиродӣ (PPE) расонида шуд.<ref name="ref1452">EU timeframe for PPE distribution // Хадамоти амали берунии Иттиҳоди Аврупо (EEAS), июни 2020. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Беморхонаи марказӣ соли 2014 пурра ба низоми гармкунии барқӣ (аз ҳисоби неругоҳҳои хурди барқи обӣ) гузашт, ҳарчанд барои ҳолатҳои фавқулодда ҳарсола захираи эҳтиётии сӯзишворӣ нигоҳ дошта мешавад.<ref name="ref1462">Беморхонаи Ванҷ ба низоми гармкунии барқӣ гузашт // АМИТ «Ховар», январи 2014. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Тибқи санҷиши Агентии амнияти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳо (июли 2024), Беморхонаи марказии Ванҷ талаботи қонунгузории бехатарии радиатсиониро пурра риоя намуда, дараҷаи хатари фаъолияти он ''«паст»'' арзёбӣ шудааст.<ref name="ref1472">[https://cbrn.tj/ Феҳристи Агентии амнияти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ (cbrn.tj)]. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Варзиш ==
Ванҷ аз даврони қадим бо гуштигирони номвари худ шуҳратёр буд. Номи паҳлавонони ванҷӣ – Амонат, Сулаймон, Дилдор, Хушдил, Худоӣ, Ҳиммат, Ш. Дилов, Алифбек ва дигарон то кунун ба некӣ ёд мешавад ва қиссаҳои майдондориашон ҳанӯз вирди забони хосу ом аст. Соли 2024 гӯштини миллии тоҷикӣ ([[гӯштингирӣ]]) дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта шуда, мақоми расман байналмилалӣ касб кард; шумораи мусобиқаҳои ин намуди варзиш дар саросари ҷумҳурӣ аз 485 адад дар соли 2020 то тақрибан 4000 адад дар соли 2022 афзудааст.<ref name="ref1482">[https://mfa.tj/tg/brussels/view/12033/gushtini-tojiki-maqomi-bainalmilali-girift Гӯштини тоҷикӣ мақоми байналмилалӣ гирифт] // Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Паҳлавони ванҷӣ [[Шакармамад Мирмамадов]], ки дар якчанд намуди варзиш (ҷудо, кураш, гӯштингирӣ) рақобат мекунад, яке аз муваффақтарин варзишгарони вазни сангини Тоҷикистон дар даҳсолаи охир аст: соҳиби медали биринҷии Бозиҳои XVIII осиёии соли 2018 дар Ҷакарта (ҷудо, +100 кг),<ref name="ref1492">Бозиҳои XVIII осиёӣ: Шакармамад ҳам соҳиби медали биринҷӣ гардид // Радиои Озодӣ. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> медали тиллои Чемпионати 13-уми Осиё оид ба кураш дар Теҳрон (июни 2024)<ref name="ref1502">Шакармамад Мирмамадов қаҳрамони Осиё оид ба кураш // Варзиш ТВ. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> ва медали тиллои Нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ дар Душанбе (28-31 августи 2024, бо иштироки беш аз 200 варзишгар аз 63 давлат) гардид.<ref name="ref1512">Варзишгари тоҷик Шакармамад Мирмамадов дар нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ медали тилло ба даст овард // АМИТ «Ховар», августи 2024. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар мусобиқаҳои Наврӯзии байналмилалӣ дар Хоруғ (марти 2025) ва Рашт (апрели 2026) низ ғолиб омада, ҳарду бор соҳиби автомобил гардид.<ref name="ref1100" /><ref name="ref1522">[https://khovar.tj/2026/04/mu-ammadin-shodmon-far-od-va-shakarmamad-so-ibi-sho-oiza-oi-musobi-ai-g-shtini-millii-no-iyai-rasht-shudand/ Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд] // АМИТ «Ховар», 15 апрели 2026. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
25 марти соли 2020 дар ҷамоати деҳоти Язғулом бахшида ба Наврӯз мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ баргузор гардид, ки дар он беш аз 300 нафар паҳлавон на танҳо аз Ванҷ, балки аз Душанбе, [[Бохтар]], Кӯлобу Хоруғ ва ноҳияҳои Дарвозу Рӯшон иштирок карданд.<ref name="ref1100" />
Дар ноҳия беш аз 40 иншооти варзишӣ мавҷуд аст. 25 июни соли 2025 дар деҳаи Убари Даргов толори варзишӣ бо масоҳати умумии 615 м², иборат аз толори асосӣ, толори тенниси рӯи миз ва ҳуҷраҳои ёрирасон, ба истифода дода шуд.<ref name="ref1242" /><ref name="ref1532">Ифтитоҳи толори варзишӣ дар деҳаи Убари Даргови ноҳияи Ванҷ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref> Ҳамчунин, 15 ноябри соли 2025, дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар деҳаи Андарбоғи ҷамоати Язғулом толори варзишии замонавӣ, ки бо маблағи 480 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст, ба истифода дода шуд.<ref name="ref1410" /> Пеш аз ин, 11 сентябри соли 2018 бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамин ҷамоати Язғулом низ як толори варзишӣ ба истифода дода шуда буд.<ref name="ref1510" />
Ба ғайр аз гӯштин, дар солҳои охир [[волейбол]] низ дар ноҳия рушд кардааст: дар мусобиқаи маҳаллӣ 7 дастаи волейболи ҷавонон иштирок доранд, ва дастаи ноҳияи Ванҷ дар Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявии волейбол дар ноҳияи Восеъ дар қатори дастаҳои пуриқтидоре чун ''«Регар ТадАЗ»'' ва дастаи шаҳри Душанбе иштирок карда, рақобати арзанда нишон додааст.<ref name="ref1542">[https://khovar.tj/2025/06/regar-tadaz-dar-musobi-a-oid-ba-volejbol-dar-no-iyai-vose-sazovori-sho-oiza-gardid/ «Регар ТадАЗ» дар мусобиқа оид ба волейбол дар ноҳияи Восеъ сазовори Шоҳҷоиза гардид] // АМИТ «Ховар», июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар Бозиҳои осиёии соли 2018, ки [[самбо]] бори аввал ба барномаи он дохил шуда буд, Тоҷикистонро дар қатори дигарон ду варзишгари ҷавон – Ҷомии Ҳасанӣ ва Сомон Сангов – намояндагӣ карданд.<ref name="ref1492" />
== Шахсиятҳои маъруф ==
[[Мулло Муҳаммадёри Ванҷӣ]] (машҳур ба Мулло Ёр) – шоири маъруфи мардумии тоҷик, зодаи деҳаи Ғумаяки водии Ванҷ; мероси ӯ то имрӯз дар байни мардуми кӯҳистони тоҷик маҳбубият дорад.<ref name="ref210" />
=== Илмҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ ===
Раҳим Масов (16 ноябри 1939, деҳаи Мудеҳарви ноҳияи Ванҷ – 21 июни 2018, Душанбе) – таърихшиноси барҷастаи тоҷик, доктори илмҳои таърих, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон; солҳои 1988–2015 директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш.<ref name="ref1552">[https://khovar.tj/rus/2022/11/akademik-rahim-masov-zhizn-posvyashhennaya-otstaivaniyu-natsionalnyh-interesov-tadzhikistana-segodnya-velikomu-uchenomu-ispolnilos-by-83-goda/ Академик Рахим Масов: жизнь, посвящённая отстаиванию национальных интересов Таджикистана] (рус.) // НИАТ «Ховар», 16 ноябри 2022. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="ref1562">[https://asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/society/20180621/segodnya-v-dushanbe-skonchalsya-akademik-rahim-masov Сегодня в Душанбе скончался академик Рахим Масов] (рус.) // Азия-Плюс, 21 июни 2018. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Ҳайдаршо Пирумшоев (таваллуд 30 декабри 1944, ноҳияи Ванҷ) – таърихшинос, доктори илмҳои таърих, профессор; муаллифи асарҳои ''«Ванҷ»'' (М., 2004), ''«Ванҷи ману ганҷи ман»'' (Душанбе, 2013) ва таҳқиқоти сершумор оид ба таърихи Бадахшону Помир.<ref name="ref1572">[https://asiaplustj.info/tj/node/356410 Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо... 30 декабри соли 2025] // Asia-Plus. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
[[Комил Бекзода]] (Беков Комилҷон; таваллуд 9 январи 1945, деҳаи Узбайи ноҳияи Ванҷ) – файласуфи тоҷик, доктори илмҳои фалсафа.<ref name="ref1582">[https://www.ozodi.org/a/600091.html Комил Бекзода Наврузро ҷашни орзуҳо медонад - Радиои Озодӣ]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Хатмкардаи шуъбаи забони арабии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1967), беш аз ҳафт сол дар Миср ва Яман ба ҳайси тарҷумон кору фаъолият намуд.<ref name="ref1592">[https://kmt.tj/komil-bekzoda-fajlasufe-bo-andeshai-milly/ Комил Бекзода – файласуфе бо андешаи миллӣ - Китобхонаи миллии Тоҷикистон]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Соли 1988 рисолаи номзадӣ дар мавзӯи «Муҳаммади Шаҳристонӣ – муаррихи дин ва фалсафа» ва соли 2019 рисолаи доктории худро таҳти унвони «Нақши шуубия дар таърихи худшиносии халқи тоҷик» ҳимоя намуд.<ref name="ref1592" />
Авсамад (Абдусамад) Ҳайдаров (таваллуд 1 октябри 1961, деҳаи Бунайи ноҳияи Ванҷ) – забоншинос ва педагог, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент.<ref name="ref1602">[[Авсамад Ҳайдаров|Авсамад Ҳайдаров — Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Хатмкардаи факултети шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1986), солҳои 1986–1988 дар ҳайати қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон хидмат кард.<ref name="ref1602" /> Соли 2012 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи ислоҳоти маорифи Аҳмади Дониш дифоъ намуд ва соли 2019 китоби ''«Фарҳанги тафсирии мухтасари луғоти шеваи ҷанубу шарқии забони тоҷикӣ»''-ро таълиф кард, ки дар он, аз ҷумла, этимологияи вожаи «Ванҷ» таҳлил шудааст.<ref name="ref1010" /><ref name="ref1602" />
{| class="wikitable"
!'''Ҷадвали 6. Намояндагони барҷастаи илмҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ аз ноҳияи Ванҷ'''
|-
|'''Ному насаб'''
|'''Соҳаи фаъолият'''
|'''Асарҳо ва дастовардҳои калидӣ'''
|'''Унвони илмӣ / Мақом'''
|-
|Раҳим Масов
|Таърихнигорӣ
|Таҳқиқи тақсимоти ҳудудии миллӣ дар Осиёи Миёна
|Академик, директори Институти таърих (1988–2015)
|-
|Ҳайдаршо Пирумшоев
|Таърихнигорӣ
|''«Ванҷ»'' (2004), ''«Ванҷи ману ганҷи ман»'' (2013)
|Доктори илмҳои таърих, профессор
|-
|Авсамад Ҳайдаров
|Педагогика, забоншиносӣ
|Таҳқиқи афкори Аҳмади Дониш, ''«Фарҳанги тафсирии мухтасари луғот...»''
|Номзади илмҳои педагогӣ, дотсент
|}
=== Илмҳои табиатшиносӣ ===
Кабут Вазиров (15 ноябри 1938 – 13 июли 2019) – муҳандис-геолог, номзади илмҳои геология ва минералогия (1975), профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои муҳандисии Тоҷикистон (2003).<ref name="ref1612">[[Кабут Вазиров|Кабут Вазиров — Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Зодаи ноҳияи Ванҷ, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1961), муаллифи зиёда аз 400 мақолаи илмию методӣ, 4 китоби дарсӣ ва 3 монография оид ба сарватҳои зеризаминии Тоҷикистон.<ref name="ref1612" /> Пас аз даргузашти ӯ хонаводааш 638 нусха китоб аз китобхонаи шахсиаш ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон тақдим намуданд.<ref name="ref1622">[http://old.kmt.tj/beshtar-az-600-kitobi-kabut-vazirov-ba-kitobhonai-milli-takdim-shud Бештар аз 600 китоби Кабут Вазиров ба Китобхонаи миллӣ тақдим шуд]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
Саид Савлатов (таваллуд 17 майи 1940, деҳаи Чихохи ноҳияи Ванҷ) – биолог, дотсент, номзади илмҳои биологӣ (1972).<ref name="ref1632">[[Саид Савлатов|Саид Савлатов — Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Таҳқиқоти ӯ ба масъалаҳои растанипарварӣ, ҳашаротшиносӣ ва меросгузории аломатҳо дар наслҳои гибридии пахта бахшида шудаанд; солҳои 1984–1989 мудири кафедраи зоологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ буд ва бо нишони «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (1984) сарфароз гардидааст.<ref name="ref1632" />
=== Адабиёт ва рӯзноманигорӣ ===
Дар марҳилаи адабиёти шӯравӣ ва пасошӯравӣ, Басир Расо (13 июли 1931 – 11 июли 2010), зодаи деҳаи Водхуд, ба яке аз чеҳраҳои шинохтаи адабиёти танзу ҳаҷви тоҷик табдил ёфт; дар кӯдакӣ тарбиятгирандаи хонаи бачагон буд ва дар ансамбли этнографии бачагонаи Помир иштирок мекард, ва фаъолияти меҳнатии худро солҳои 1948–1949 ба ҳайси пионервожатӣ оғоз намуд.<ref name="ref1910" /><ref name="ref1642">[https://navisandagan.tj/tj/%D1%80%D0%B0%D1%81%D0%BE-%D0%B1%D0%B0%D1%81%D0%B8%D1%80/ РАСО БАСИР - ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref><ref name="ref1652">[[Басир Расо|Басир Расо — Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Пас аз хатми факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1956), фаъолияти рӯзноманигории худро дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» ва маҷаллаи «Хорпуштак» оғоз намуд ва аз соли 1964 то охири умраш – беш аз чиҳил сол – сармуҳаррири маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» боқӣ монд.<ref name="ref1662">[https://www.ozodi.org/a/2097189.html Даргузашти сардабири "Хорпуштак" - Радиои Озодӣ]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref><ref name="ref1642" /> Маҷмӯаҳои ашъори ӯ, аз қабили ''«Дар боргоҳи нур»'', ''«Нидои дӯст»'' ва ''«Баҳори орзӯ»'', ба жанри ғазал ва шеъри лирикӣ низ тааллуқ доранд; ӯ дорои унвони «Ходими шоистаи маданияти Тоҷикистон» буд.<ref name="ref1652" />
Дар соҳаи журналистикаи муосир ва таҳлилӣ, рӯзноманигори собиқадор Аслам Додихудоев (1946–2023) нақши босазо дошт ва дар инкишофи матбуоти даврӣ ва мактаби журналистикаи таҳлилии кишвар саҳм гузоштааст.<ref name="ref1672">[[:ru:Додихудоев|Додихудоев - Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Тибқи феҳристи категорияи «Зодагони ноҳияи Ванҷ»-и Википедияи тоҷикӣ, дигар аҳли қалам ва рӯзноманигорони зодаи ин ноҳия – аз ҷумла Хилватшоҳи Маҳмуд, Бурҳон Раҳмон, Наврӯз Гулзода ва Насрин Идибеков – низ дар ғанигардонии фазои адабӣ ва иттилоотии кишвар саҳм доранд.<ref name="ref1682">[[:Гурӯҳ:Зодагони ноҳияи Ванҷ|Гурӯҳ:Зодагони ноҳияи Ванҷ — Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
=== Санъати тасвирӣ ва мусиқӣ ===
Анваршо Сайфиддинов, Арбоби ҳунар ва Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон, аз соли 1984 узви Иттифоқи рассомони собиқ ИҶШС буда, дар доираҳои ҳунарӣ ба унвони ғайрирасмии «Шоҳи рангҳо» маъруф аст.<ref name="ref1692">[https://farah-info.com/habari-ruz/nigohi-purasrori-anvarsho-sajfiddinov-ba-gety/ Нигоҳи пурасрори Анваршо Сайфиддинов ба гетӣ - Асосӣ - Фараҳ]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Осори ӯ – аз наққошӣ то санъати монументалӣ – рамзҳои фарҳанги бостонии тоҷиконро бо услубҳои муосир омезиш медиҳад; намунаҳои эҷодиёташ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва коллексияҳои Русия, Аврупо ва Осиё маҳфузанд, ва ӯ ҳамчун омӯзгор дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов фаъолият дорад.<ref name="ref1692" /> Дар соҳаи санъати амалӣ, устод Маҳмадкарим Рақибов, омӯзгори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва нақшҳои миллӣ фаъолият мебарад.<ref name="ref1702">[https://ddstdt.tj/10524-2/ МУСАВВИР - Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Дар соҳаи санъати овозхонӣ, Нуқраи Суннатниё низ ҳамчун яке аз хонандагони шинохтаи зодаи ноҳия ном бурда мешавад.<ref name="ref1682" />
=== Идоракунии давлатӣ ва сиёсат ===
Қодири Қосим (таваллуд 9 апрели 1961, ноҳияи Ванҷ) – ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон.<ref name="ref1712">Председатель Федерации независимых профсоюзов Таджикистана Кодири Косим выдвинут кандидатом в депутаты Маджлиси намояндагон (рус.) // НИАТ «Ховар», январи 2020. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Маҳмадулло Абдуллоев роҳбарии ноҳияи Ванҷро зиёда аз 20 сол (тахминан солҳои 1980-ум) ба ҳайси котиби якум бар ӯҳда дошт; таҳти роҳбарии ӯ соли 1984 нахустин корхонаи истеҳсоли санги мармар дар Бадахшон ба кор даромад ва боғдории минтақа (аз ҷумла парвариши чормағз дар мавзеи «Ҷангали Зуго» ва навъҳои гуногуни тут) рушд ёфт.<ref name="ref1722">[[Деҳоти Маҳмадулло Абдуллоев|Деҳоти Маҳмадулло Абдуллоев — Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Ба ифтихори ин хидматҳо, ҷамоати марказии ноҳия (собиқ ҷамоати Ванҷ) расман ба номи Маҳмадулло Абдуллоев номгузорӣ шудааст.<ref name="ref1732">[[:ru:Махмадулло_Абдуллоев_(джамоат)|Махмадулло Абдуллоев (джамоат) - Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
Ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992–1997 ба ҷомеаи зиёии Ванҷ низ талафоти вазнин овард: тибқи феҳристи қурбониён ва бедарак гумшудагони даврони ҷанг, ашхосе чун Қурбонназар Халифаев (соли таваллуд 1967, муаллим), Қурбон Абдуллоев (соли таваллуд 1938) ва Муҳаммадӣ Назарихудоев (соли таваллуд 1955, мудири шуъбаи комиҷроияи ноҳияи Ҷилликӯл) дар байни бедарак гумшудагону кушташудагони ин давра ёд мешаванд.<ref name="ref1742">[https://www.ozodi.org/a/31911429.html Рӯйхат. Номи гуруҳе аз қурбониён ва гумшудаҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
{| class="wikitable"
!'''Ҷадвали 8. Намояндагони идоракунии давлатӣ ва ниҳодҳои ҷамъиятӣ аз ноҳияи Ванҷ'''
|-
|'''Ному насаб'''
|'''Давраи фаъолият'''
|'''Вазифа ва саҳми асосӣ'''
|-
|Маҳмадулло Абдуллоев
|Солҳои 1980-ум
|Роҳбари ноҳия (>20 сол), бунёди корхонаи мармар (1984), рушди боғдории саноатӣ
|-
|Қодири Қосим
|Давраи муосир
|Ходими давлатӣ, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил
|}
=== Варзиш ===
Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ [[Мурувватшо Бачабеков]] (1 майи 1944 – 9 сентябри 2023, деҳаи Баравни ҷамоати Водхуд) – бунёдгузори мактаби муосири гӯштини Ванҷ; солҳои 1972–1994 устоди кафедраи тарбияи ҷисмонии Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) буд.<ref name="ref1752">[https://www.bomdod.com/2023/09/12/ustodi-pahlavononi-vanj-muruvvatsho-bachabekov-az-dunyo-raft/ Устоди паҳлавонони Ванҷ Мурувватшо Бачабеков аз дунё рафт] // Бомдод, 12 сентябри 2023. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Маҳмадшариф Сулаймонов (зодаи деҳаи Рованд) – устоди дигари варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ дар гӯштини миллӣ, ки зиёда аз панҷоҳ сол дар майдони паҳлавонӣ фаъолият дорад.<ref name="ref1762">Суфраи паҳлавонӣ // Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Носир Хусравов (1958 – 9 январи 2024), хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, мураббии варзидаи гӯштини миллӣ ва самбо буд; ҳамчун мудири мактаби варзишии ноҳияи Ванҷ ва сармураббии дастаи мунтахаби самбои ВМКБ даҳҳо варзишгари сатҳи байналмилалиро тарбия кардааст.<ref name="ref1772">[https://www.ozodi.org/a/32767418.html Падари ҷаҳонпаҳлавон Хушқадам Хусравов даргузашт - Радиои Озодӣ]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
Хушқадам Хусравов (таваллуд 1 январи 1993, деҳаи Рохарв), писар ва шогирди Носир Хусравов, дар вазни 62 кг оид ба самбо рақобат мекунад.<ref name="ref1782">[[:en:Khushqadam_Khusravov|Khushqadam Khusravov - Wikipedia]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Соли 2013 ӯ қаҳрамони ҷаҳон байни ҷавонон гардид, соли 2014 дар Тошканд қаҳрамони Осиё шуд ва соли 2018 дар Бухарести Руминия унвони қаҳрамони ҷаҳон оид ба самборо ба даст овард.<ref name="ref1792">[https://khovar.tj/2015/03/medali-tilloi-hush-1179-adam-husravov-dar-1206-omi-1207-a-1203-onii-sambo/ Медали тиллои Хушқадам Хусравов дар Ҷоми ҷаҳонии самбо | АМИТ "Ховар"]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref><ref name="ref1802">[[Хушқадам Хусравов|Хушқадам Хусравов — Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
Дастоварди олимпии таърихиро Сомон Маҳмадбеков (таваллуд 24 марти 1999, Иркутск, Русия) ба даст овард; вай дар хонаводаи тоҷикони муҳоҷир, зодагони ноҳияи Ванҷ (Моёншоҳ Маҳмадбеков ва Ҷамила Парвонаева), ба дунё омадааст. Дар Бозиҳои олимпии Париж (2024) ӯ барандаи медали биринҷӣ дар намуди ҷудо гардид.<ref name="ref1812">[https://www.bomdod.com/2024/07/31/nahustin-medali-tojikiston-dar-bozihoi-olimpii-poris-ofarinat-supersomon/ НАХУСТИН МЕДАЛИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПОРИС. ОФАРИНАТ, СУПЕРСОМОН! - Пойгоҳи хабарии "Бомдод"]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
Дар деҳаи Вишхарвак муаллими мактаб Рамазон Синонов барои наҷоти як наврас бо хирси ваҳшӣ дастбагиребон шуда, онро мағлуб кард – ҳодисае, ки дар матбуоти маҳаллӣ ҳамчун намунаи паҳлавонии ғайривaрзишии сокинони Ванҷ инъикос ёфт.<ref name="ref1822">[https://www.bomdod.com/2021/10/21/muallimi-pahlavoni-vanji-hirsro-haluk-andohtu-ba-zamin-afkand/ МУАЛЛИМИ ПАҲЛАВОНИ ВАНҶӢ ХИРСРО ҲАЛУК АНДОХТУ БА ЗАМИН АФКАНД]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
{| class="wikitable"
!'''Ҷадвали 7. Натиҷаҳои барҷастаи варзишгарони мактаби Ванҷ дар сатҳи байналмилалӣ'''
|-
|'''Варзишгар'''
|'''Намуди варзиш'''
|'''Унвон ва мусобиқа'''
|'''Дастовард'''
|-
|Сомон Маҳмадбеков
|Ҷудо
|Бозиҳои олимпӣ (2024, Париж, Фаронса)
|Медали биринҷӣ
|-
|Хушқадам Хусравов
|Самбо
|Чемпионати ҷаҳон (2018, Бухарест, Руминия)
|Медали тилло
|-
|Хушқадам Хусравов
|Самбо
|Чемпионати Осиё (2014, Тошканд, Ӯзбекистон)
|Медали тилло
|-
|Шакармамад Мирмамадов
|Гӯштингирӣ
|Чемпионати ҷаҳон (2024, Душанбе, Тоҷикистон)
|Медали тилло
|-
|Шакармамад Мирмамадов
|Ҷудо
|Бозиҳои осиёӣ (2018, Ҷакарта, Индонезия)
|Медали биринҷӣ
|-
|Шакармамад Мирмамадов
|Кураш
|Чемпионати Осиё (2024, Теҳрон, Эрон)
|Медали тилло
|}
=== Соҳибкории иҷтимоӣ ва диаспора ===
Баҳор Мирзоев, зодаи деҳаи Бунайи ҷамоати Ҷовидон, дар доираи солҳои 2019–2021 аз пасандозҳои шахсии худ 140 ҳазор сомонӣ барои сохтани пули пиёдагузари замонавӣ болои дарёчаи кӯҳии Даргов (тақрибан 35 метр дарозӣ) сарф намуд, ки барои чор нафар сокинони маҳаллии баргашта аз муҳоҷират ҷойи кори муваққатӣ фароҳам овард.<ref name="ref1832">[https://migration.tj/%D1%81%D0%BE%D2%B3%D0%B8%D0%B1%D0%BA%D0%BE%D1%80%D3%A3-%D0%B2%D0%B0%D0%BD%D2%B7%D3%A3-%D0%BF%D1%83%D0%BB%D0%B8-%D0%BF%D0%B8%D1%91%D0%B4%D0%B0%D0%B3%D1%83%D0%B7%D0%B0%D1%80-%D0%BC%D0%B5%D1%81%D0%BE/ Соҳибкорӣ Ванҷӣ пули пиёдагузар месозад - Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
Марҳум Эҳсоншо Мунавваров ва Моёншо Маҳмадбеков ҳамчун тоҷирони шинохта дар Федератсияи Русия, ҳамчун мададрасон ва пуштибони иҷтимоии диаспораи тоҷикони ноҳияи Ванҷ дар хориҷ аз кишвар эътироф шудаанд.<ref name="ref1842">[https://pressa.tj/so%D2%B3ibkori-muvaffa%D2%9Bi-van%D2%B7%D3%A3-dar-rusiya-darguzasht/ Соҳибкори муваффақи ванҷӣ дар Русия даргузашт - Pressa.tj]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
Тибқи феҳристи категорияи «Зодагони ноҳияи Ванҷ»-и Википедияи тоҷикӣ, дар қатори шахсиятҳои маъруфи соҳаҳои гуногун инчунин метавон аз Мадатбек Тоҷибеков, Меҳровар Ғайратов, Муриват Бекназаров, Саломи Нуриёни Баравнӣ, Саттор Қувватов, Сафина Иронова, Толиббек Бухориев, Тоҳир Гулов, Шумқор Одинабеков, Ғайратшо Роҳатов ва Қобиламоҳ Баротова ном бурд, ки ҳар кадоме дар рушди бахшҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар саҳм доранд.<ref name="ref1682" />
== Ҳукумат ==
Сарвари ноҳияи Ванҷ Раиси ноҳия аст, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мегардад.<ref name="ref310" /> Ниҳоди намояндагии ноҳия – Маҷлиси вакилони халқ мебошад, ки аз тарафи мардуми ноҳия ба муддати 5 сол интихоб мешавад.<ref name="ref310" />
Раисони ноҳия дар тӯли фаъолияти маъмурии он борҳо иваз шудаанд; барои мисол, 17 ноябри соли 2021 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷабори Қосим аз мансаби раиси ноҳияи Ванҷ озод карда шуда, ба ҷои ӯ Мардзода Одинашо Миршаб ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия таъин гардид.<ref name="ref1852">[https://sputnik.tj/20211117/barkanori-jabbori-qosim-nazarshozoda-vanj-roshtqala-1043601608.html Раисони Ванҷу Роштқалъа барканор шуданд: раҳбарони нав киянд?] // Sputnik Тоҷикистон, 17 ноябри 2021. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Эзоҳ ==
{{Reflist|30em}}
== Манобеъ ==
* Андреев М. С. Выработка железа в долине Ванча (верховья Аму-Дарьи). – Ташкент, 1926.
* Арандаренко Г. А. Дарваз и Каратегин // Военный сборник. – 1883. – № 11–12.
* Бубнова М. А. Горно-Бадахшанская автономная область. Западный Памир (памятники каменного века – XX в.). – Душанбе, 2008. – (Археологическая карта Таджикистана).
* Бурхан-уд-Дин-хан Кушкеки. Путеводитель по Каттагану и Бадахшану. – Ташкент, 1926.
* Гамильтон А. Афганистан / пер. С. П. Голубинова. – СПб., 1908.
* Гулшанӣ. Таърихи ҳумоюн. – Душанбе, 2006.
* Искандаров Б. И. Восточная Бухара и Памир во второй половине XIX в. Ч. 1-2. – Душанбе, 1962-1963.
* Кисляков Н. А. Калым и приданое у таджиков // Сборник статей по истории и филологии народов Средней Азии, посвящённый 80-летию со дня рождения А. А. Семенова. – Сталинабад, 1953.
* Крыленко Н. В., Щербаков Д. И., Марков К. К. Пять лет по Памиру (Итоги памирских экспедиций 1928, 1929, 1931, 1932, 1933 гг.). – Москва–Ленинград: Издательство Академии наук СССР, 1935.
* Камалиддинов Ш. С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX – начала XIII вв. – Ташкент, 1996.
* Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). – Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893.
* Лашкарбеков Б. Б. Старованджский язык (vanǰivor) // Основы иранского языкознания: Среднеиранские и новоиранские языки / под ред. В. А. Ефимова. – М.: Восточная литература, 2008. – С. 61-109.
* Масов Р. М. К истории Ванчской долины // Мероси ниёгон. – Душанбе, 1999. – № 4. – С. 20-30.
* Мушкетов Д. И. Рохаръ (Кала-и-Ванчъ). – Петроградъ: Типографія М. М. Стасюлевича, 1916. – (Отдѣльный оттискъ изъ тома LII (1916 г.) Извѣстій Императорскаго Русскаго Географическаго Общества № 876).
* Пирумшоев Ҳ. Ванҷ. – М., 2004.
* Пирумшоев Ҳ., Зафаров А. Ванҷи ману ганҷи ман (очерки таърихӣ). – Душанбе, 2013.
* Постников А. В. Схватка на «Крыше Мира»: политики, разведчики и географы в борьбе за Памир в XIX веке. – М.: Памятники исторической мысли, 2001. – ISBN 5-88451-100-0.
* Розенфельд А. З. Ванджские говоры таджикского языка / ЛГУ им. А. А. Жданова. – Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. – 151 с.
* Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. – М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903.
* Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. – Душанбе: СИЭМТ, 2013.
* Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 3. – Душанбе, 2014.
* Эдельман Д. И. Язгулямский язык. – М.: Наука, 1966.
* Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. – М.: Наука (ГРВЛ), 1975. – С. 41-62.
* Языки мира: Иранские языки. III. Восточноиранские языки. – М.: Индрик, 2000.
* Юхновский И. Туркестанские Ведомости. – 1894. – № 65.
* Moseley Chr. (ed.) Atlas of the World's Languages in Danger. – 3rd ed. – Paris: UNESCO Publishing, 2010.
* Paul D., Abbess E., Müller K., Tiessen C., Tiessen G. Language Access and Tajik Language Proficiency among the Yazghulami of Tajikistan. – SIL International, 2010.
== Пайвандҳо ==
* [https://www.vanjiman.com/ Сомонаи vanjiman.com]
* [https://vanj.info/ Торнамои Ванҷ (vanj.info)]
* [http://badakhshon.tj/?page_id=11224 Саҳифаи ноҳияи Ванҷ дар сомонаи расмии ВМКБ]
* [[c:Category:Vanj_District|Парвандаҳо дар Викианбор (Vanj District)]]
{{тоҷикистон-ҷуғ-нопурра}}
{{Тақсимоти маъмурии ВМКБ}}
{{Ноҳияи_Ванҷ}}
[[Гурӯҳ:Ноҳияҳои Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]]
[[Гурӯҳ:Ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]]
[[Гурӯҳ:Ноҳияи Ванҷ]]
kwbcer500imc460r2vlhocq8ywau632
1482037
1482036
2026-07-26T05:11:02Z
Firdavsi
3353
1482037
wikitext
text/x-wiki
{{ВМ
| Ранг1 = #A5D570
| Номи тоҷикӣ =
| Номи аслӣ = Ноҳияи Ванҷ
| Нишон =
| Парчам =
| Бари нишон =
| Бари парчам =
| Тавсифи нишон =
| Тавсифи парчам =
| Кишвар = [[Тоҷикистон]]
| lat_dir = N
| lat_deg = 38
| lat_min = 22
| lat_sec = 23
| lon_dir = E
| lon_deg = 71
| lon_min = 27
| lon_sec = 19
| region = TJ
| type = District
| Дараҷа =
| CoordScale =
| Суруди миллӣ =
| Мақом = Ноҳияи маъмурӣ
| Тобеъи = [[Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]]
| Шомили = 1 шаҳрак, 6 ҷамоат
| Пойтахт = [[Ванҷ (шаҳрак)|Ванҷ]]
| Шаҳри бузургтарин =
| Шаҳрҳои бузургтарин =
| Таъсис = [[29 май|29 маи]] [[1933]]
| Барҳамхӯрӣ =
| Номҳои пешина =
| Раис = Мардзода Одинашо Миршаб (аз 2022)<ref>{{Cite web|url=http://www.adlia.tj/show_doc.fwx?Rgn=143911|title=Указ Президента Республики Таджикистан от 1 декабря 2022 года №480 "О назначении Мардзода О.М. председателем Ванчского района Горно-Бадахшанской автономной области"|website=www.adlia.tj|accessdate=2023-01-04|archivedate=2024-12-09|archiveurl=https://web.archive.org/web/20241209162237/http://adlia.tj/show_doc.fwx?Rgn=143911}}</ref>
| Шакли роҳбарӣ = Раиси ноҳия
| Раис2 =
| Шакли роҳбарӣ2 =
| Раис3 =
| Шакли роҳбарӣ3 =
| ММД =
| Соли ММД =
| Ҷой аз рӯи ММД =
| ММД ба сари аҳолӣ =
| Ҷой аз рӯи ММД ба сари аҳолӣ =
| Забон =
| Забонҳо = [[Забони тоҷикӣ|тоҷикӣ]], [[Забонҳои бадахшонӣ]] — [[Забони язғуломӣ|язғуломӣ]]
| Аҳолӣ = 35 400
| Соли барӯйхатгирӣ = 2024
| Фоиз аз аҳолӣ = 4,8
| Ҷой аз рӯи аҳолӣ =
| Баҳодиҳии аҳолӣ =
| Соли баҳодиҳӣ =
| Зичӣ = 7,7
| Ҷой аз рӯи зичӣ =
| Ҳайати миллӣ = [[тоҷик]]он
| Ҳайати динӣ = [[мусулмон]], [[суннӣ]], мазҳаби [[ҳанафӣ]]
| Масоҳат = 4430,5
| Фоиз аз масоҳат =
| Ҷой аз рӯи масоҳат =
| Баландии бештарин = 7495
| Баландии миёна = 3000
| Баландии камтарин =
| Харита = Vanj District in Tajikistan.svg
| Андозаи харита =
| Харита2 =
| Минтақаи замонӣ = UTC+5
| Сарвожа = VA
| ISO = TJ.BK.VA
| Шиносаи ададӣ =
| Шакли шиноса =
| Шиносаи ададӣ2 =
| Шакли шиноса2 =
| Шиносаи ададӣ3 =
| Шакли шиноса3 =
| FIPS =
| Коди телефон = +992 3551
| Нишонаи почта = 736300
| Домени интернет = tj
| Коди мошинҳо = 04 TJ
| Вебгоҳ = [[www.vanjiman.com]]
| Гурӯҳ дар Commons = Vanj District
| Эзоҳ =
}}Ноҳияи Ванҷ (форсӣ: ناحیۀ ونج) – минтақаи таърихӣ ва яке аз ноҳияҳои [[Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]], воқеъ дар шимолу ғарби вилоят, дар шарқи [[Ҷумҳурии Тоҷикистон]]. Масоҳаташ 4430,5 км² буда, тибқи омори соли 2024 аҳолияш 35 400 нафарро ташкил медиҳад (зичии аҳолӣ тақрибан 8 нафар дар 1 км²). Ҳамчун воҳиди расмии маъмурию ҳудудӣ 29 майи 1933 таъсис ёфтааст.<ref name="ref1">[https://dic.academic.ru/dic.nsf/ruwiki/1287410 Ванджский район] (рус.) // Словари и энциклопедии на Академике (нусхаи мақолаи Википедиаи русӣ, 2010). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Маркази ноҳия шаҳраки Рохарв (форсӣ: راخرو) аст, ки расман шаҳраки Ванҷ ном дошта, дар харитаҳо низ чунин сабт мешавад, вале дар забони мардум то имрӯз бо номи бостонии худ – Рохарв ёд мегардад; шаҳрак 176 км шимолтар аз шаҳри [[Хоруғ]], дар канораи резишгоҳи рӯди Рохарвоб ба Ванҷоб ҷой дорад.<ref name="ref1" /><ref name="ref2">Ванҷ. Маълумоти ҷуғрофӣ (порча аз китоби Ҳ. Пирумшоев «Ванҷи ман») // Торнамои Ванҷ (vanj.info). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="ref3">н. Ванҷ (www.vanj.tj) // Сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Тибқи анъанаи маҳаллӣ, тамоми рустоҳоеро, ки аз деҳаи Бунай болотар воқеъанд, ''«Ванҷи Боло»'' меноманд; водиҳои поёниро бошад, на ''«Ванҷи Поён»'', балки бо номҳои таърихии худашон – Язғулом, Водхуд ва Пшихарв – ёд мекунанд.<ref name="ref2" /> Дигар шӯроҳои русто, мисли Водхуд, Язғулом, Рованд ва Техарв, ки фарогири чандин деҳаанд, то кунун номҳои таърихии худро нигоҳ доштаанд. Шӯрои рустои Рохарв дар ҳоли ҳозир чун ҷамоати ба номи Маҳмадулло Абдуллоев<ref name="ref4">[https://khovar.tj/2025/06/peshvoi-millat-emomal-ra-mon-dar-no-iyai-van-tolori-varzishiro-iftito-namudand/ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ толори варзиширо ифтитоҳ намуданд] // АМИТ «Ховар», 25 июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> ва шӯрои рустои Жовид феълан дар шакли ҷамоати Ҷовидон номгузорӣ шудаанд.
Қабл аз вуруди [[Артиши Сурх]] ба Ванҷ ва истиқрори низоми шӯравӣ, маркази идории амлокдории Ванҷ дар шаҳраки Рохарв, дар ''«Қалъаи Ванҷ»'' ё ''«Қалъаи Рохарви Ванҷ»'' қарор дошт, ки ҳам қароргоҳи мири Ванҷ ва ҳам маҳалли будубоши гурӯҳаки маҳдуди сипоҳи [[Манғития|манғитиён]] будааст.<ref name="ref5">Мушкетов Д. И. Рохарв (Кала-и Ванч) // Известия Русского географического общества. --- Т. 52. --- 1916.</ref>
Дарёҳои бузургтарини ноҳия – Ванҷоб, Язғулом) ва Панҷ) мебошанд. Ду соҳили дарёи Ванҷоб бо дарозии зиёда аз 100 км бахши умдаи ноҳияро ташкил медиҳад.
== Номшиносӣ ==
Дар сарчашмаҳои русӣ ва адабиёти даврони шӯравӣ номи ноҳия дар шаклҳои ''«Ванч»'' ва ''«Вандж»'' омадааст, ки гунаи русишудаи ҷойноми тоҷикии Ванҷ мебошад.<ref name="ref3" />
Дар боби решаи ин ном ақидаҳо мухталифанд. Донишманди тоҷик Гулшанӣ дар китобаш ''«Таърихи ҳумоюн»'', ки соли 1328 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 1910 милодӣ навиштааст, онро табдилёфтаи номи дарёи Панҷ шумурда, дар бораи диёри Ванҷ мегӯяд:
''«Қасабаи Ванҷ ба тарафи шарқии Дарвоз, ба таҳти ақабаи Боми Дунё воқеъ аст ва дар он ҷониб манбаи дарёи Омӯя ва Ҷайҳун ва онро Чашмаи Панҷ мегӯянд, аз қуллаи шомихи кӯҳи Боми Дунё набаъон менамоянд. Аз андак масофат, панҷ чашма ба як ҷо ҷамъ мешавад ва ғарбан ҷараён менамояд ва онро чашмаи Панҷ мегӯянд ва он қасабаро Ванҷ меноманд, ки он муҳаррафи Панҷ аст. Оби аввали наҳри Ҷайҳун ҳамин аст»''.<ref name="ref6">Гулшанӣ. Таърихи ҳумоюн. --- Душанбе, 2006. --- С. 157.</ref>
Тадқиқоти забоншиносии баъдина ин ривояти халқиро тасдиқ намекунад. Эроншиноси маъруф Д. И. Эделман дар пажӯҳиши бунёдии худ ''«Географические названия Памира»'' (''«Номҳои ҷуғрофии Помир»''), ки соли 1975 дар маҷмуаи ''«Страны и народы Востока»'' ба чоп расидааст, решаи вожаи ''«Ванҷ»''-ро мушаххасан шарҳ намедиҳад, балки онро номи аслии худи водӣ мешуморад, ки номи дарёи Ванҷов (Ванҷ + ''«об»'') низ аз он гирифта шудааст.<ref name="ref7">Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. --- М.: Наука (ГРВЛ), 1975. --- С. 41--62.</ref> Тибқи мушоҳидаи ӯ, ҳамсоягони язғуломизабони ин водӣ онро на ''«Ванҷ»'', балки ''«Вавз»'' меноманд, ки ин худ далели дигаре бар куҳансолии эҳтимолии ин ном аст.<ref name="ref7" /> Забони куҳани ванҷии аз байнрафта, ки сокинони маҳаллӣ то охири асри XIX бад-он сухан мегуфтанд, ''«ванҷивор»'' (vanǰivor)-аш меномиданд,<ref name="ref8">Лашкарбеков Б. Б. Старованджский язык (vanǰivor) // Основы иранского языкознания: Среднеиранские и новоиранские языки / под ред. В. А. Ефимова. --- М.: Восточная литература, 2008. --- С. 61--109.</ref> вале дар адабиёти дастрас пажӯҳише, ки решаи номи ''«Ванҷ»''-ро аз вожаҳои ҳамин забон ба даст оварда бошад, ёфт нашуд. Дар маҷмуъ, Эделман хулоса мебарорад, ки аксари номҳои ҷуғрофии [[Помир|Помири]] Ғарбию Ҷанубӣ бо ёрии забонҳои имрӯза шарҳнопазиранд, ки ин аз бостонӣ будани онҳо гувоҳӣ дода, эҳтимоли тааллуқи баъзеи онҳоро ба забонҳои куҳани пешин (субстратӣ) нишон медиҳад.<ref name="ref7" />
Д. И. Эделман дар ҳамин мақола сабаби ин дугонагии номро возеҳтар шарҳ дода, чунин овардааст:
''«Иногда различные названия одного и того же пункта отражают различные исторические обстоятельства. Так, населенный пункт — административный центр Ванча имеет два названия. Первое — официальное, значащееся на картах — «Ванч» является редакцией старого названия находившейся здесь когда-то крепости, которая именовалась просто Кала ('<nowiki/>'''qala'<nowiki/>''') 'крепость' или Кала-и Вандж 'Ванджская крепость'. Второе — название самого кишлака, которое до сих пор остается в обиходе у местного населения и жителей соседних долин — «Рохарв».»''
Тарҷума: ''«Баъзан номҳои мухталифи як маҳал вазъиятҳои гуногуни таърихиро инъикос менамоянд. Чунончи, маҳалли аҳолинишин — маркази маъмурии Ванҷ — ду ном дорад. Аввалин — номи расмӣ, ки дар харитаҳо зикр мешавад, — «Ванҷ» аст, ки таҳрирёфтаи номи қадимии қалъаест мебошад, ки замоне дар ин ҷо буд ва онро танҳо Қалъа ('<nowiki/>'''qala'<nowiki/>''') ё Қалъаи Ванҷ меномиданд. Дуюмин — номи худи русто аст, ки то ҳанӯз дар гуфтугӯи мардуми маҳаллӣ ва сокинони водиҳои ҳамҷавор боқӣ мондааст — «Рохарв».»''.<ref name="ref9">Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 42.</ref>
Бино бар ин, то имрӯз дар илми забоншиносии эронӣ решашиносии қатъӣ ва ба таври васеъ пазируфташудаи вожаи ''«Ванҷ»'' пешниҳод нашудааст: ривояти Гулшанӣ дар боло намунаи анъанаи омиёна ва таърихии маҳаллист, на натиҷаи таҳлили илмии забонӣ. Коршиносон, ин номро қадимӣ мешуморанд ва эҳтимол медиҳанд, ки он ба давраи пеш аз паҳншавии забони тоҷикӣ дар ин минтақа тааллуқ дошта бошад, бидуни он ки то ба ҳол решаи дақиқи онро муайян созанд.
Луғатшиноси тоҷик Абдусамад Ҳайдаров дар ''«Фарҳанги тафсирии мухтасари луғоти шеваи ҷанубу шарқии забони тоҷикӣ»'' (2019) дар бораи вожаи ''«ванҷ»'' маълумоти муфассали фарҳангшиносиро ҷамъбаст намудааст<ref name="ref10">Ҳайдаров А. Фарҳанги тафсирии мухтасари луғоти шеваи ҷанубу шарқии забони тоҷикӣ. --- Душанбе: ЭР-Граф, 2019. --- С. 14--17.</ref>. Тибқи ин пажӯҳиш, дар фарҳангномаҳои классикии форсиву тоҷикӣ вожаи ''«ван»''/''«ванҷ»'' дар маъноҳои гуногун сабт шудааст: номи деҳае дар Насаф (муарраби ''«вана»'', тибқи ''«Фарҳанги Ананд Роҷ»''); шабеҳу монанд, меваи мағздор, ҷангали пурдарахт ва номи шаҳре (тибқи ''«Бурҳони қотеъ»''); аз забони ҳиндӣ (санскрит) ба маънои ''«ҷангал»'', ''«беша»'' (тибқи ''«Фарҳанги Нафисӣ»''); меваи ба зира монанд бо мағзак ва ташбеҳ (тибқи ''«Ғиёс-ул-луғот»''); ва ниҳоят – ''«гунҷишк»'' (тибқи ''«Туҳфат-ул-аҳбоб»'' ва ''«Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ»''). Гурӯҳи дигари муҳаққиқон, аз ҷумла И. М. Стеблин-Каменский, А. З. Розенфелд, В. Томашек ва А. Д. Девонақулов, вожаи ''«ванҷ»''-ро аз ''«ван»'' ба маънои ''«бед»'' гирифташуда медонанд.<ref name="ref10" />
Ҳайдаров бо усули муқоисаи фарҳангномавӣ нишон медиҳад, ки маънои ''«гунҷишк»'' эҳтимолан натиҷаи хатои котибист: дар қадимтарин фарҳанги дастрас – ''«Луғати фурс»''-и Асадии Тӯсӣ (саҳ. 73) – барои ''«гунҷишк»'' на ''«ванҷ»'', балки ''«вунҷ»'' омадааст, ва азбаски дар хатти арабӣ навишти ин ду вожа якхела аст, ба андешаи муаллиф, дар фарҳангномаҳои баъдӣ ба ҷои ''«вунҷ»'' хатан ''«ванҷ»'' сабт гардидааст. Ин фарзияро ӯ бо далели дигар низ тақвият медиҳад: дар забони гуфтугӯии тоҷикӣ шаклҳои гуногуни калимаи ''«гунҷишк»'' – ''«вунҷишк»'', ''«бунҷишк»'', ''«гундишк»'' – ҳама пас аз ҳарфи аввал садоноки кӯтоҳи ''«у»''-ро мегиранд, на ''«а»''-ро. Аз ин муҳимтар, дар забони куҳани ванҷӣ худи вожаи ''«гунҷишк»'' тамоман калимаи дигаре буд – ''«курҷик»'' – монанди забони ҳамсояи имрӯзаи язғуломӣ (''«чуғак»'') ва шуғнонӣ (''«вудуч»''); агар водӣ ба номи ин парранда гузошта мешуд, мебоист ''«Курҷик»'' номида мешуд, на ''«Ванҷ»''.<ref name="ref10" /> Ба ин тартиб, ба андешаи аксари муҳаққиқон, решаи бовариноктарини номи ''«Ванҷ»'' ҳамон вожаи ''«ван»'' ба маънои ''«бед»'' аст, ки дар забонҳои зиндаи имрӯзаи помирӣ низ боқӣ мондааст: шуғнонӣ ''«wank»'', бартангӣ ''«wanoch»'', рӯшонӣ ''«wanoj»'', орошорӣ ''«wanuj»''.<ref name="ref10" />
Дар баробари ин, дар байни мардуми маҳаллӣ фарзияи дигаре низ роиҷ аст, ки тибқи он вожаи ''«ванҷ»'' муродифи калимаи ''«ганҷ»'' (яъне ''«хазина»'') мебошад. Ҳайдаров ин фарзияро ба падидаи табдили овозҳои ''«в»''→''«г»''→''«к»'' дар лаҳҷаи маҳаллӣ пайванд медиҳад, ки намунаҳои он дар ҷуфти калимаҳои боқимондаи забони куҳани ванҷӣ, ки то имрӯз дар нутқи шифоҳии мардум ҳамроҳи муодилҳои тоҷикиашон истифода мешаванд (масалан, ''«сару мангал»'', ''«санди нозо»'', ''«кари шумук»'', ''«гарми тумухч»''), ба назар мерасад.<ref name="ref10" /> Вожаи ''«ганҷ»'' то имрӯз дар нутқи мардуми Ванҷ серистеъмол буда, ҳатто баъзе хӯрокворӣ (мисли ширравған), меваҳо (мисли тут) ва анбори неъмат (''«ганҷур»'') бо ҳамин ном ёд мешаванд; ибораи қадимии ''«ванҷи ману ганҷи ман»'', ки зиёда аз ҳазор сол вирди забони мардум аст, низ, ба назари муаллиф, метавонад далели воқеии ин пайванди маъноӣ бошад.<ref name="ref10" />
Номи Ванҷ соли 2023 ба бузургтарин лозури Помир низ гузошта шуд: 31 июли соли 2023 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии [[Тоҷикистон]] лозури Федченко расман Ванҷях номгузорӣ гардид.<ref name="ref11">[https://khovar.tj/rus/2024/06/lednik-vandzhyah-odin-iz-samyh-bolshih-lednikov-tadzhikistana-i-gornyh-sistem-mira/ Ледник Ванджях -- один из самых больших ледников Таджикистана и горных систем мира] (рус.) // НИАТ «Ховар», 9 июни 2024. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="ref12">[https://rus.ozodi.org/a/32555126.html СМИ: крупнейший на Памире ледник Федченко переименован в «Ванджях»] (рус.) // Радиои Озодӣ, 20 августи 2023. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Ҷойгоҳ ==
Ноҳияи Ванҷ бо сарзамини 4430,5 км² дар миёни қаторкӯҳҳои [[Дарвоз]] ва Язғулом воқеъ аст. Дар шимол бо [[Сангвор|ноҳияи Сангвор]] (Тавилдараи пешин), дар шарқ бо [[Мурғоб|ноҳияи Мурғоб]], дар ҷануб бо [[Рӯшон|ноҳияи Рӯшон]], дар ғарб бо ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ва дар ҷанубу ғарб, аз тариқи рӯди Панҷ, бо ноҳияи Дарвози вилояти [[Бадахшон|Бадахшони]] [[Афғонистон]] ҳаммарз мебошад.<ref name="ref1" /> Марзи шарқии ноҳияро қаторкӯҳи Академияи илмҳо ташкил медиҳад.<ref name="ref13">Republic of Tajikistan, map showing administrative division as of January 1, 2004, «Tojikkoinot» Cartographic Press, Dushanbe.</ref>
Аз шимолу шарқи ноҳия ба ҷанубу ғарби он рӯдҳои Ванҷ) ва Язғулом ҷорӣ мешаванд, ки ба рӯди Панҷ мерезанд. Сарзамини ноҳия ду водии нисбатан васеи Бадахшонро дар бар мегирад. Яке аз онҳо дараи рӯди Ванҷ аст, ки беш аз 150 км дарозо дорад ва аз лозурҳои Ҷамъияти ҷуғрофӣ, Хирсон ва Абдуқаҳҳор оғоз мегирад. Водии дигар дараи рӯди Язғулом аст, ки дар миёни қаторкӯҳҳои Язғулому Рӯшон ҷой гирифтааст. Ин ду водиро аз ҳамдигар қаторкӯҳи Ванҷ ҷудо мекунад.<ref name="ref13" /> Баландии маҳал аз сатҳи дарё аз 1500 то 5000 метр мебошад.
Дар бораи сабаби номгузории қаторкӯҳҳои атрофи Ванҷ, Д. И. Эделман чунин таваҷҷуҳ медиҳад:
''«Названия хребтов в исконной топонимии не прослеживаются. Те наименования, которые мы видим сейчас на географических картах,— позднейшие. Они даны исследователями в основном по принципу смежности с той или иной долиной. Ванчский хребет отделяет Ванч от Язгулема, Язгулемский хребет — Язгулем от Рушана-Бартанга, Рушанский — долину Рушана от Гунта…»''
Тарҷума: ''«Номҳои қаторкӯҳҳо дар ҷойномҳоии аслӣ дида намешаванд. Номҳое, ки мо имрӯз дар харитаҳои ҷуғрофӣ мебинем, аз давраҳои баъдтаранд. Онҳоро муҳаққиқон асосан бар мабнои усули ҳамҷаворӣ бо ин ё он водӣ гузоштаанд. Қаторкӯҳи Ванҷ, Ванҷро аз Язғулом ҷудо мекунад, қаторкӯҳи Язғулом — Язғуломро аз Рӯшону Бартанг, қаторкӯҳи Рӯшон — водии Рӯшонро аз Ғунд…»''.<ref name="ref1" />
Дарёи Ванҷ (Ванҷоб) 103 км дарозӣ ва 2070 км² ҳавзаи обғундорӣ дорад. Он аз ҳамроҳшавии ду шохоб падид меояд: яке аз лозурҳои нишебии шимолии қаторкӯҳи Ванҷ сарчашма мегирад, дигаре бошад – аз нишебиҳои ғарбии қаторкӯҳи Академияи илмҳо. То резишгоҳи шохоби Кашолаях худи дарё номи Абдуқаҳҳорро дорад; танҳо пас аз ҳамроҳ шудан бо ин шохоб он ба номи Ванҷоб мубаддал мегардад. Сарфи миёнаи солонаи об дар резишгоҳи дарё 49,4 м³/с аст.<ref name="ref14">Ванч (рус.) // Большая советская энциклопедия. --- 3-е изд. --- М.: Советская энциклопедия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дарёи Язғулом 80 км тӯл кашида, масоҳати ҳавзаи он 1970 км²-ро ташкил медиҳад; қисми болоии он то ҳамроҳшавии дарёи Ракзов Мазордара номида мешавад, сарфи миёнаи об дар поёноби дарё 36,2 м³/с буда, ғизои дарёҳои ноҳия асосан барфию лозурист ва сермобтарин моҳ июл аст.<ref name="ref1" />
Тавсифи муфассали гидрографии дарёи Ванҷро низ капитан Кузнецов ҳанӯз соли 1892 сабт кардааст. Ба гуфтаи ӯ, дарё аз ду шохоб — оби-Кашолаях (аз рост) ва оби-Абдуқаҳҳор (аз чап) — сарчашма мегирад, ки худ аз лозурҳои Куҳи-Лазурӣ об мегиранд, ва номи муосири шохоби ''«Абдуқаҳҳор»'', ки ҳанӯз дар гуфтаи боло зикр омада буд, маҳз бо ҳамин навиштаи асри XIX мутобиқат мекунад:
''«Рѣка оби-Ванчъ, берущая начало двумя рѣками: правой оби-Кашалъ-Аякъ и лѣвой оби-Абдукогоръ изъ ледниковъ Куи-Лазырь, течетъ въ юго-западномъ направленіи въ большинствѣ случаевъ разливаясь на много рукавовъ и образуя массу острововъ–тугаевъ.»''
Тарҷума: ''«Дарёи оби-Ванҷ, ки аз ду рӯд — рости оби-Кашолаях ва чапи оби-Абдуқаҳҳор — аз лозурҳои Куҳи-Лозурӣ сарчашма мегирад, дар самти ҷанубу ғарбӣ ҷараён дошта, дар аксари ҳолат ба бисёр шохобчаҳо тақсим мешавад ва анбӯҳи ҷазираҳо — тӯғайҳоро ба вуҷуд меорад»''.<ref name="ref15">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 32.</ref> Кузнецов инчунин баландии рустоҳои соҳили дарёи Ванҷро аз сатҳи баҳр чен кардааст: аз резишгоҳи он ба Панҷ (5110 қадам) то рустоҳои Рохарв (6250 қадам), Бунай (6590 қадам), Техарв (7260 қадам), Старғ (7670 қадам) ва Ванван (8020 қадам); ва дар бораи қаторкӯҳи байни Ванҷу Язғулом, ки имрӯз бо номи қаторкӯҳи Ванҷ маъруф аст, чунин навиштааст:
''«Горный хребетъ, расположенный между рѣками Ванчъ и Язгулемъ, носитъ названіе Ванчскаго. Восточная его часть покрыта вѣчными снѣгами и ледниками, западная – скалистая. Растительности на немъ нѣтъ никакой.»''
Тарҷума: ''«Қаторкӯҳе, ки миёни дарёҳои Ванҷу Язғулом воқеъ аст, номи Ванҷро дорад. Қисми шарқии он бо барфу лозурҳои ҷовидона пӯшида аст, қисми ғарбӣ бошад — сахраист; дар он ҳеҷ гуна рустание вуҷуд надорад»''.<ref name="ref1" />
Ванҷ дар соҳили яке аз шохобҳои бузурги рости дарёи Панҷ (болооби Ому), ки бо номи Ванҷоб маъруф аст, ҷой гирифтааст. Масофа аз маркази ноҳия то шаҳри Хоруғ 176 км ва то шаҳри [[Душанбе]] 387 км аст.
Тавсифи аввалини илмии ҷуғрофии қаторкӯҳҳои иҳотакунандаи водии Ванҷ ба шарқшиноси рус А. А. Семёнов тааллуқ дорад, ки соли 1898 дар доираи экспедитсияи расмии граф А. А. Бобринский аз ин минтақа дидан карда буд. Ӯ дар китоби худ навиштааст:
''«Часть Дарваза по правую сторону Пянджа (Сѣверный Дарвазъ) занимаетъ западный склонъ Памирскаго плоскогорья: этотъ край изрѣзываютъ глубокими долинами рѣкъ: Пянджа и его притоковъ справа: Оби-Хингоу, Ванджа и Язгулина. Водораздѣломъ этихъ рѣкъ служатъ два высокихъ хребта: Дарвазскій, между рр. Оби-Хингоу и Ванджемъ, и Ванджскій,–между долинами Ванджа и Язгулина... Въ верховьяхъ Ванджа всѣ упомянутыя горныя цѣпи сходятся въ одинъ узелъ и сливаются съ Памирами.»''
Тарҷума: ''«Қисми Дарвоз, ки дар канори рости Панҷ ҷойгир аст (Дарвози Шимолӣ), нишеби ғарбии баландсаҳрои Помирро фаро мегирад: ин канораро водиҳои амиқи дарёҳо буридаанд – Панҷ ва шохобҳои рости он: Оби-Хингов, Ванҷ ва Язғулом. Марзи обҷудокунии ин дарёҳоро ду қаторкӯҳи баланд ташкил медиҳанд: Дарвоз – миёни рӯдҳои Оби-Хингову Ванҷ, ва Ванҷ – миёни водиҳои Ванҷу Язғулом... Дар болооби Ванҷ ҳамаи ин қаторкӯҳҳои зикршуда ба як гиреҳ мепайванданд ва бо Помир мепайванданд»''.<ref name="ref16">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 6.</ref>
Дар ҳамин гиреҳи кӯҳӣ, ки қаторкӯҳҳои Ванҷу Дарвоз бо Помир мепайванданд, Семёнов ағбаи баландеро ба қайд гирифтааст, ки ба болооби Ванҷ мебарад: ''«Въ этомъ горномъ узлѣ лежить на высотѣ свыше 15 тыс. футовъ надъ уровнемъ моря перевалъ Сытаргй въ долину р. Вандж, или Ванча»'' – тарҷума: ''«Дар ҳамин гиреҳи кӯҳӣ, дар баландии зиёда аз 15 ҳазор фут аз сатҳи баҳр, ағбаи Сытаргӣ ба водии дарёи Вандж (Ванҷ) ҷойгир аст»''.<ref name="ref17">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 7.</ref>
Тавсифи муфассали роҳҳои дастрасӣ ба водии Ванҷ дар охири асри XIX ба қалами капитан Н. Юхновский, узви экспедитсияи ҳудудии соли 1893, тааллуқ дорад, ки барои таҳқиқи қитъаи камомӯхтаи сарҳад аз дарёи Ванҷ то истеҳкоми Керкӣ, дар тӯли рӯдҳои Панҷу Ому фиристода шуда буд.<ref name="ref2112">Юхновский И. Нѣсколько словъ объ условіяхъ жизни въ горахъ Дарваза и въ долинѣ рѣки Ванча // Туркестанские Ведомости. — 1894. — № 65. — С. 64–65.</ref> Тибқи гузориши ӯ, роҳи аз Қалъаи Хумб то Рохар (Қалъаи Ванҷ) дар тӯли соҳили дарёи Панҷ бо василаи карнизҳо мегузашт, ки паҳноияшон аз ¾ то 1½ арш буда, баъзан аз болои нишебиҳои мулоим ва баъзан аз болои қаторкӯҳҳои амудӣ мегузаштанд; дар баъзе ҷойҳо карнизҳои сунъӣ — аз бревнои чӯбини дар шикофи сангҳо ҷойгузошташуда, бо шохчаву замин пӯшонидашуда — сохта мешуданд.<ref name="ref2112" /> Ин роҳ, гарчанде дар давоми сол умуман кушода буд, вале аз сабаби фаромадани обхезиҳои кӯҳӣ ё харсанг метавонист вайрон гардад ва то таъмир қатъ шавад; дар мавсими зимистон, дар натиҷаи яхбандӣ ва боришот, ҳаракат дар ин роҳ хеле мушкил мегардид.<ref name="ref2112" />
Мавзеи Қалъаи Ванҷ (Рохар), ки Юхновский онро тавсиф кардааст, тахминан дар масофаи 6 версти (қариб 6,4 км) аз ҷои ҳамроҳшавии дарёи Ванҷ ба Панҷ ҷойгир буд; водии Ванҷ назар ба дараи танги Панҷ хеле васеътар буда, дорои заминҳои назарраси корам буд ва аз ин рӯ, назар ба дигар минтақаҳои Дарвоз, зичии аҳолии он бештар буд.<ref name="ref2112" /> Дар Рохар се роҳ ба ҳам мепайвастанд: аз ғарб — аз Қалъаи Хумб; аз шимол — аз ағбаи «Аба-и-Ситарги», ки эҳтимол ҳамон ағбаест, ки А. А. Семёнов онро бо номи «Сытаргй» ёд кардааст (ниг. боло); ва аз ҷанубу шарқ — аз Рӯшону Шуғнон, ки ин роҳи охир хеле душвор буд ва барои расидан ба Рохар аз он тариқ, мусофир бояд дарёи Панҷро бо «гупсар» (шино бо пӯсти боди пуркардашудаи буз) убур мекард.<ref name="ref2112" />
=== Лозурҳо ва қуллаҳо ===
Болооби дараи Ванҷ, ки дар он ҷо рӯд номи Абдуқаҳҳор (Абдукагор)-ро дорад, аз калонтарин марказҳои лозурии Помир ба шумор меравад. Бузургтарин лозури ҳавзаи рӯди Ванҷ лозури Ҷамъияти ҷуғрофӣ мебошад, ки дар маҳалли пайвастшавии қаторкӯҳҳои Академияи илмҳо ва Дарвоз ҷой гирифта, дарозиаш 24,2 км ва масоҳаташ 64,4 км² аст. Ин лозур соли 1882 кашф гардида, соли 1928 ба шарафи Ҷамъияти ҷуғрофии [[Русия]] номгузорӣ шудааст.<ref name="ref18">[https://rgo.ru/activity/redaction/news/lednik-geograficheskogo-obshchestva-na-pamire-taet/ Ледник Географического общества на Памире тает] (рус.) // Сомонаи расмии Ҷамъияти ҷуғрофии Русия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар ҳавзаи Абдуқаҳҳор, дар нишебии ғарбии қаторкӯҳи Академияи илмҳо, лозури Хирс (дар адабиёти илмии русӣ – Медвежий) воқеъ аст, ки бо ҳаракатҳои даврии ногаҳонии худ (сёрҷ) дар ҷаҳон шуҳрат дорад. Дарозии лозури Хирс 15,8 км ва масоҳаташ 25,3 км² аст; ҳавзаи барфии он дар баландии беш аз 5500 м бо ҳавзаи лозури Ванҷях (Федченко) муштарак буда, забонаи борику дарози он бо яхшораи (ледопад) 900-метра аз ҳавзаи ғизогирии фирнӣ ба дараи чуқур, то баландии 2900 м, фуруд меояд.<ref name="ref19">Медвежий ледник // Словарь современных географических названий / Рус. геогр. о-во. Моск. центр; под общ. ред. акад. В. М. Котлякова. --- Екатеринбург: У-Фактория, 2006.</ref> Забонаи ин лозур дар зарфи чанд моҳ то 2 км ба поёни дара пеш рафта, маҷрои дарёи Абдуқаҳҳорро мебандад ва кӯли лозурӣ ба вуҷуд меоварад, ки шикофта шудани он ба обхезиҳои харобиовар дар водии Ванҷ оварда мерасонад. Чунин ҳаракатҳо дар солҳои 1916, 1937, 1951, 1963, 1973, 1989, 2001 ва 2011 ба қайд гирифта шудаанд.<ref name="ref20">[https://www.silkadv.com/en/content/lednik-medvezhiy-v-hrebte-akademii-nauk Ледник Медвежий в хребте Академии Наук] (рус.) // Silk Road Adventures. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ҳангоми ҳаракати соли 1963 лозур қариб 1,75 км пеш рафта, дараи Абдуқаҳҳорро баст ва дар он сол ду маротиба (19 июн ва 3 июл) обхезиҳои лозурӣ рӯй доданд. Соли 1973 садди яхине бо паҳноии тақрибан ним километр ва баландии саду панҷоҳ метр дараро банд карда, дар паси он кӯле бо чуқурии то 110 метр пайдо шуд; 19 июни соли 1973, вақте ки дар кӯл 27 млн м³ об ҷамъ омада буд, рахнашавии он ба амал омад.<ref name="ref21">[https://glaciallakes.narod.ru/articles/articl_other/3-1.htm Виноградов Ю. Б. Сведения о прорывах озёр, подпруженных ледниками] (рус.). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар қисмати шарқии қаторкӯҳи Язғулом, дар марзи ҷанубу шарқии ноҳия, қуллаи Истиқлол (то соли 2006 – қуллаи Революция; 6940 м) – чорумин қуллаи баланди Тоҷикистон қомат афрохтааст. Дар домани шимолии он лозури бузурги Федченко – дарозтарин лозури кӯҳии ҷаҳон берун аз минтақаҳои қутбӣ (77 км) оғоз меёбад.<ref name="ref22">[http://wiki.risk.ru/index.php/%D0%9F%D0%B8%D0%BA_%D0%A0%D0%B5%D0%B2%D0%BE%D0%BB%D1%8E%D1%86%D0%B8%D0%B8 Пик Революции] (рус.) // Wiki.risk.ru. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Ин лозур, ки соли 1878 онро Василий Ошанин кашф карда, ба шарафи табиатшинос Алексей Федченко номгузорӣ намуда буд, аз 31 июли соли 2023 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расман Ванҷях ном дорад.<ref name="ref11" /><ref name="ref12" /> Паҳноии миёнаи лозур 2 км ва ҳадди аксараш 5 км буда, ғафсии ях то 1 км ва ҳаҷми он ҳамроҳ бо шохобҳояш 144 км³ мерасад; лозур аз баландии 6200 м оғоз ёфта, забонааш то баландии 2909 м фуруд меояд ва дар силсилаи он 100 лозури хурду бузург, аз ҷумла 26 шохоби бевосита, ба ҳам пайвастаанд. Дар канори чапи лозур, дар баландии 4169 м, 7 августи соли 1933 истгоҳи гидрометеорологӣ кушода шуда буд, ки то соли 1995 бефосила кор кард ва соли 2004 дар доираи лоиҳаи байналмилалӣ дар он ҷо истгоҳи худкор насб гардид. Бар асари гармшавии иқлим лозур танҳо дар садаи XX дар танаи асосии худ тақрибан 15 км³ ях – даҳяки массаи худро – аз даст додааст.<ref name="ref11" />
Тибқи баррасиҳои лозуршиносии охирин, масоҳати умумии лозури Ванҷях (Федченко) тақрибан 700 км² арзёбӣ мешавад ва ҳаҷми умумии яхи он, бар пояи ченкунии ғафсии қабати ях, 123,4 ± 28 км³ ҳисоб карда шудааст.<ref name="ref23">[https://www.cambridge.org/core/journals/journal-of-glaciology/article/evolution-of-fedchenko-glacier-in-the-pamir-tajikistan-during-the-past-eight-decades/0F2F382BD7954575E28B20128B7825E2 The evolution of Fedchenko glacier in the Pamir, Tajikistan, during the past eight decades] (англ.) // Journal of Glaciology. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар тӯли 93 соли мушоҳидаи илмӣ (1928-2021), суръати миёнаи тағйири баландии сатҳи лозур ба −0,46 метр дар сол расидааст, ҳарчанд дар ду фосилаи алоҳида – солҳои 1958-1980 ва 2010-2021 – коҳиши баландии забонаи лозур ду баробар аз меъёри дарозмуддат тезтар будааст.<ref name="ref24">[https://eartharxiv.org/repository/view/7474/ Multi-temporal elevation changes of Fedchenko Glacier, Tajikistan, from 1928 to 2021] (англ.) // EarthArXiv / Journal of Glaciology, 2024. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ченкуниҳои GNSS ва тасвирбардории радарии TanDEM-X нишон медиҳанд, ки мувозинати ҷирмии лозур аз −0,27 ± 0,05 метри муодили обӣ дар сол барои давраи 2000-2011 то −0,51 ± 0,04 метр дар сол барои давраи 2011-2016 бадтар шудааст, яъне суръати обшавии лозур дар даҳсолаи охир тақрибан ду баробар афзудааст.<ref name="ref25">Lambrecht A., Mayer C., Wendt A., Floricioiu D., Völksen C. Elevation change of Fedchenko Glacier, Pamir Mountains, from GNSS field measurements and TanDEM-X elevation models, with a focus on the upper glacier // Journal of Glaciology.</ref> Бо вуҷуди ин, азбаски забонаи лозур бо қабати ғафси хоку сангреза пӯшида аст, масоҳати намоёни он тайи даҳсолаҳо танҳо 1,4 фоиз тағйир ёфта, дар ҳоле ки ҳаҷми аслии яхи он коҳиши назаррас – тақрибан 5 км³ дар тӯли ҳашт даҳсола – доштааст.<ref name="ref23" /> Тибқи маълумоти барномаи UNEP GRID-Arendal, забонаи лозур аз соли 1933 инҷониб зиёда аз 1 километр ба ақиб нишастааст ва аз соли 1980 инҷониб тақрибан 50 метр паст шудааст.<ref name="ref26">[https://www.grida.no/resources/5274 Shrinking of Fedchenko Glacier in the Pamirs of Tajikistan] (англ.) // UNEP GRID-Arendal. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Пажӯҳиши соли 2026 дар маҷаллаи ''«Remote Sensing»'' доир ба ҳавзаи лозурии дарёи Вахш, ки низоми лозурии Ванҷях (Федченко)-ро низ фаро мегирад, нишон дод, ки масоҳати умумии лозурҳои ин ҳавза аз 4440,9 км² дар соли 2000 то 4087,1 км² дар соли 2018 коҳиш ёфта, барои соли 2025 тахминан 3955,2 км² пешбинӣ мешавад; яъне тайи солҳои 2000-2025 масоҳати умумии лозурҳо 485,7 км² (10,94 фоиз) кам шуда, коҳиши миёнаи солона ба 19,43 км² мерасад.<ref name="ref27">[https://www.mdpi.com/2072-4292/18/9/1436 Changes in Glaciers of the Vakhsh River Basin, Tajikistan Under Global Climate Change] (англ.) // Remote Sensing, ҷ. 18, № 9, мақолаи 1436, 2026.</ref>
Қисмати шарқии кӯҳистони ноҳия, аз ҷумла шарқи қаторкӯҳи Ванҷ ва минтақаи лозури Федченко, ба ҳудуди Боғи миллии Тоҷикистон дохил мешавад, ки соли 1992 таъсис ёфтааст ва моҳи июни соли 2013 таҳти унвони ''«Боғи миллии Тоҷикистон (кӯҳҳои Помир)»'' ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии [[ЮНЕСКО]] шомил гардид.<ref name="ref28">[https://news.un.org/ru/story/2013/06/1224271 Таджикский национальный парк «Горы Памира» включён в список Всемирного наследия ЮНЕСКО] (рус.) // Маркази ахбори СММ, июни 2013. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="ref29">[https://medt.tj/ru/tourism/tourism/1424-tajikskiy-natsionalniy-park-obekt-vsemirnogo-naslediya-unesco Таджикский национальный парк --- объект Всемирного наследия ЮНЕСКО] (рус.) // Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Заминҷунбӣ ===
Ноҳияи Ванҷ дар яке аз минтақаҳои аз ҷиҳати геологӣ мураккабтарин ва аз нигоҳи сейсмикӣ фаъолтарини Осиёи Марказӣ ҷой дорад<ref name="ref186">[https://academic.oup.com/gji/article/240/3/2125/7984515 Identifying geological structures in the Pamir region using non-subsampled shearlet transform and gravity gradient tensor] // Geophysical Journal International, Oxford Academic. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref><ref name="ref187">[https://www.mdpi.com/2072-4292/16/24/4771 Present-Day Tectonic Deformation Characteristics of the Northeastern Pamir Margin Constrained by InSAR and GPS Observations] // Remote Sensing (MDPI). Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>, ки ин пеш аз ҳама ба бархӯрди амиқи қитъаҳои литосфераии Ҳиндустон ва Авруосиё вобаста аст. Дар натиҷаи ин бархӯрд блоки Помир дар давоми кайнозои дер тақрибан 280–300 километр ба самти шимол рондашуда, деформатсияи бузурги тектоникиро дар зерминтақаи Ванҷу Язғулом ба вуҷуд овардааст<ref name="ref188">[https://www.frontiersin.org/journals/earth-science/articles/10.3389/feart.2022.967529/full Two kinematic transformations of the Pamir salient since the Mid-Cenozoic: Constraints from multi-timescale deformation analysis] // Frontiers in Earth Science. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>. Деформатсияи сатҳии минтақа асосан тавассути шикастагии калони Дарвоз-Қарокӯл ва системаи шикастагиҳои дохилиқаторкӯҳии транстенсионӣ идора мешавад<ref name="ref189">[https://pubs.geoscienceworld.org/gsa/geosphere/article/6/4/444/132380/Major-intracontinental-strike-slip-faults-and Major intracontinental strike-slip faults and contrasts in lithospheric strength] // Geosphere, GeoScienceWorld. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>, дар ҳоле ки заминҷунбиҳои чуқурии миёна дар зери минтақа бо равандҳои деламинатсия ва кандашавии (breaking-off) порчаи литосфераи Ҳиндукуш алоқаманд дониста мешаванд<ref name="ref190">[https://refubium.fu-berlin.de/bitstream/handle/fub188/1258/Thesis_Kufner_Sofia.pdf Lithospheric structure and seismotectonic setting of the Hindu Kush, the Tajik-Afghan basin and the western Pamir from analysis] // Refubium, Freie Universität Berlin. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>.
==== Заминҷунбии 2 январи соли 2010 ====
Субҳи рӯзи шанбе, 2 январи соли 2010 (соати 07:15 бо вақти маҳаллӣ), дар шарқи Тоҷикистон заминларзае бо бузургии тахминан 5,3–5,4 ба вуқӯъ пайваст. Эпицентри он тақрибан 14 километр шимолтар аз маркази ноҳияи Ванҷ, дар координатаҳои 38,247° арзи шимолӣ ва 71,495° тӯли шарқӣ ҷойгир буд, гипоцентраш бошад дар умқи тақрибан 47 километр қарор дошт<ref name="ref191">[https://reliefweb.int/disaster/eq-2010-000001-tjk Tajikistan: Earthquake - Jan 2010] // ReliefWeb. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>. Заминларза ба 23 деҳа дар ду ҷамоати ноҳия — ҷамоати ба номи Маҳмадулло Абдуллоев (собиқ Ванҷ) ва ҷамоати Язғулом — хисороти ҷиддӣ расонд<ref name="ref192">[https://reliefweb.int/report/tajikistan/react-situation-report-no1-earthquake-vanj-district-gbao-province-tajikistan REACT Situation Report No.1: Earthquake in Vanj District, GBAO Province, Tajikistan] // REACT / ReliefWeb. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref><ref name="ref193">[https://reliefweb.int/report/tajikistan/tajikistan-vanj-earthquake-situation-report-2 Tajikistan Vanj Earthquake Situation Report #2] // ReliefWeb. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>.
Тибқи гузоришҳои ибтидоии созмонҳои байналмилалӣ, офат ба 958 хоҷагӣ таъсир расонд; шумораи хонаҳои комилан харобшуда, ки дар рӯзҳои аввал 98 адад арзёбӣ шуда буд, дар натиҷаи давоми таконҳои пасозилзилавӣ то 140–162 адад афзоиш ёфт<ref name="ref194">[https://www.ozodi.org/a/1920743.html Дар Ванҷ 98 манзил пурра тахриб шудааст] // Радиои Озодӣ. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref><ref name="ref195">[https://reliefweb.int/report/tajikistan/tajikistan-vanj-earthquake-situation-report-3 Tajikistan Vanj Earthquake Situation Report #3] // ReliefWeb. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>. Дар маҷмӯъ, беш аз 1050 бино — аз ҷумла манзилҳои зист, се мактаб, тақрибан 30 бинои маъмуриву иҷтимоӣ, дармонгоҳи ноҳия ва бинои нозироти андоз — қисман ё пурра хароб гардиданд<ref name="ref196">[https://www.ozodi.org/a/1920560.html Хисороти заминларзаи шадид дар Ванҷ] // Радиои Озодӣ. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref><ref name="ref193" />. Аз 1134 то беш аз 20 000 нафар сокинон ба таври мустақим ё ғайримустақим зарар диданд; ҳамзамон, ин офат талафоти ҷонии марговар дар пай надошт ва танҳо 2 нафар ҷароҳат бардоштанд<ref name="ref197">[[:ru:Землетрясение_в_Таджикистане_(2010)|Землетрясение в Таджикистане (2010)]] // Википедия (рус.). Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>. Зарари молиявӣ тахминан 1,5 миллион доллари амрикоӣ (тақрибан 16,2 миллион сомонӣ) арзёбӣ гардид<ref name="ref197" />.
Дар асари таконҳо беш аз 2,5 километр хатҳои интиқоли барқ ва алоқа канда шуда, 13 сутуни барқӣ шикастанд, ки дар натиҷа маркази Ванҷ, Роғ ва Гишхун бидуни нерӯи барқ ва алоқаи телефонӣ монданд<ref name="ref197" />. Сармои шадиди зимистон (то −24 °C дар шаб) вазъиятро боз ҳам мушкилтар гардонд; мардум аз тарси фурӯрезии минбаъдаи биноҳо шабҳои аввалро дар ҳавои кушод, дар хаймаҳо ва биноҳои камосебдида гузарониданд<ref name="ref194" />. Дар моҳҳои баъдина силсилаи тӯлонии таконҳои пасозилзилавӣ идома ёфт<ref name="ref198">[https://www.ozodi.org/a/1922938.html Рӯйдодҳои ҳафта дар оинаи матбуот] // Радиои Озодӣ. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>. Дар вокуниш ба офат, Ҳукумати Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва созмонҳои байналмилалӣ — аз ҷумла Федератсияи байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (IFRC), барномаи REACT ва Ташкилоти Ҷамъиятии Мададгори Мудофиа — амалиёти кумаки башардӯстонаро оғоз карданд, ки то 5 майи ҳамон сол идома ёфт<ref name="ref192" /><ref name="ref199">[https://khovar.tj/2010/01/ba-zarardidagoni-zaminlarzai-van-1206-k-1262-mak-az-t-1206-mm/ Ба зарардидагони заминларзаи Ванҷ кӯмак аз ТҶММ] // АМИТ «Ховар». Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>.
==== Хатарҳои дуюмдараҷа: сангрезиш ва ярч ====
Ба сабаби топографияи шадидан кӯҳистонии ноҳия, заминҷунбиҳо аксар вақт боиси сангрезиш мегарданд, ки ягона шоҳроҳи нақлиётии минтақа — шоҳроҳи Душанбе–Хоруғ — ро масдуд месозад. Ҳангоми таконҳои пасозилзилавии 6 январи соли 2010, сангрезише 3 километр қисмати шоҳроҳро дар километри 481-ум пӯшонд<ref name="ref200">[https://khovar.tj/2010/01/kumitai-1202-olat-1202-oi-fav-1178-ulodda-tajyor-nest/ Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда тайёр нест] // АМИТ «Ховар». Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref><ref name="ref201">[https://www.khf.tj/node/4686 КҲФ: Заминларза ва резиши санг дар кишвар. Талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар нест] // Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>. Мутахассисон ин хатарро бо фоҷиаи ярчи [[Ярчи Ҳоит|Ҳоит]] (10 июли соли 1949, заминларзаи бо бузургии 7,4–7,5), ки боиси марги тақрибан 7200 нафар гардида буд, муқоиса мекунанд<ref name="ref202">[[:en:1949_Khait_earthquake|1949 Khait earthquake]] // Wikipedia (англ.). Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>.
==== Ҳодисаҳои сейсмикии баъдина (2015–2023) ====
Рӯзи 7 декабри соли 2015, заминларзае бо бузургии 7,2, ки маркази он дар наздикии кӯли [[Сарез]] ҷойгир буд, дар километрҳои 452 ва 462-юми шоҳроҳи Душанбе–Хоруғ дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ сангрезиши марговар ба вуҷуд овард, ки дар натиҷаи он як ронанда ҳалок ва якчанд мошини боркаш хароб гардид<ref name="ref203">[https://khovar.tj/2015/12/van-barrasii-o-ibat-oi-ofati-tabi-dar-voh-r-bo-ramazon-ra-imzoda/ Ванҷ: Баррасии оқибатҳои офати табиӣ дар вохӯрӣ бо Рамазон Раҳимзода] // АМИТ «Ховар». Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>. Рӯзҳои 9 ва 21 марти соли 2023, ду заминларзаи дигар — яке бо бузургии 5,7 бо марказаш дар ҳудуди Боғи миллии Тоҷикистон ва дигаре бо бузургии 6,5 дар [[Ҳиндукуш|Ҳиндукуши]] Афғонистон — таконҳои шадидро дар саросари Помири Ғарбӣ, аз ҷумла дар ноҳияи Ванҷ, ба вуҷуд оварданд<ref name="ref204">[https://www.aa.com.tr/ru/%D0%BC%D0%B8%D1%80/%D0%B2-%D1%82%D0%B0%D0%B4%D0%B6%D0%B8%D0%BA%D0%B8%D1%81%D1%82%D0%B0%D0%BD%D0%B5-%D0%BF%D1%80%D0%BE%D0%B8%D0%B7%D0%BE%D1%88%D0%BB%D0%BE-%D0%B7%D0%B5%D0%BC%D0%BB%D0%B5%D1%82%D1%80%D1%8F%D1%81%D0%B5%D0%BD%D0%B8%D0%B5-%D0%BC%D0%B0%D0%B3%D0%BD%D0%B8%D1%82%D1%83%D0%B4%D0%BE%D0%B9-5-7/2840674 В Таджикистане произошло землетрясение магнитудой 5,7] // Anadolu Ajansı. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref><ref name="ref205">[[:ru:Землетрясение_в_Бадахшане_(2023)|Землетрясение в Бадахшане (2023)]] // Википедия (рус.). Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>.
==== Осебпазирии инфрасохтор ва чораҳои паст кардани хавф ====
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки қисми зиёди биноҳои харобшуда дар заминҷунбии соли 2010 хонаҳои анъанавии гилину похсагин буданд, ки аз нигоҳи муҳандисии сейсмикӣ муқовимати паст дошта, камарбандҳои оҳану бетонӣ надоранд<ref name="ref197" />. Барои паст кардани хавфи минбаъда, Ҳукумати Тоҷикистон барномаҳои кӯчонидани аҳолиро аз минтақаҳои хатарноки экзогенӣ амалӣ месозад<ref name="ref197" />.
== Иқлим ==
Иқлими ноҳияи Ванҷ қораӣ (континентӣ) аст; тобистонаш гарми бебориш, зимистонаш сарди камбарф; ҳарорати миёна дар моҳи июл 20-24 °C, дар январ аз −12 °C то −20 °C. Мизони борандагии солона 200-300 миллиметр аст. Баландиҳои 4000-5500 м марғзоранд, аз он болотар – тундраи кӯҳист. Дар баландкӯҳҳо иқлим ба куллӣ дигар аст: дар минтақаи лозури Ванҷях ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво ҳатто дар моҳҳои июн-сентябр ҳамагӣ +1,6 °C буда, миқдори солонаи боришот дар он ҷо ба 1192 мм мерасад, ки 99 дарсади он ба шакли барф меборад.<ref name="ref11" />
=== Таснифи иқлимӣ ва механизмҳои ташаккулёбандаи он ===
Тибқи таснифи байналмилалии иқлимшиносии Кёппен-Гейгер (Köppen-Geiger), иқлими қисми асосии водиҳои поёнии ноҳияи Ванҷ ба гурӯҳи Dsa – ''«иқлими қораии мӯътадил бо тобистони гарму хушк»'' – мансуб дониста мешавад.<ref name="ref32">[[:en:Vanj_District|Vanj]] (англ.) // Wikipedia, the Free Encyclopedia. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ин рамз се хусусияти бунёдиро ифода мекунад: ҳарфи D нишон медиҳад, ки ҳарорати миёнаи сардтарин моҳи сол аз −3 °C поёнтар аст ва барф дар зимистон қабати устувор ташкил медиҳад, дар ҳоле ки гармтарин моҳ аз 10 °C болотар аст; ҳарфи s далолат мекунад, ки боришоти моҳи хушктарини тобистон ба маротиб камтар аз боришоти моҳи сербориштарини зимистону баҳор аст; ҳарфи a нишон медиҳад, ки ҳарорати миёнаи гармтарин моҳи сол аз 22 °C зиёдтар аст. Ин таснифот танҳо то баландиҳои тақрибан 2000-2500 метр эътибори комил дорад; бо боло рафтан аз ин сатҳ, иқлим ба категорияҳои сардтару намноки Dsb ва Dsc мегузарад, дар баландиҳои беш аз 3500-4000 метр ба категорияи E (иқлими тундраи кӯҳӣ) ва дар минтақаи лозурҳо, аз ҷумла дар ҳавзаи Ванҷях, ба категорияи EF (иқлими яхбандии доимӣ) табдил меёбад.<ref name="ref33">Outlook on climate change adaptation in the Central Asian mountains (англ.) // Carpathian Convention. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Иқлими ноҳия натиҷаи таъсири мутақобилаи се механизми асосии атмосферист. Дар фасли зимистон (аз ноябр то март) минтақа таҳти таъсири канораи ҷанубу ғарбии Антитсиклони Сибирӣ қарор мегирад, ки массаҳои ҳавоии сарду хушкро ба водиҳои Помир ворид карда, ҳавои софи вале шадидан сарди зимистонаро ба вуҷуд меорад.<ref name="ref34">Рамочная модель управления экологическими и социальными охранными мерами (РМУЭСОМ) (рус.) // ECDP.TJ. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар охири зимистону фасли баҳор, силсилабодҳои ғарбӣ (Westerlies), ки аз уқёнуси Атлантик ва баҳри Миёназамин ҷараён мегиранд, манбаи асосии намӣ ва боришот мебошанд; вақте ин сиклонҳо ба қаторкӯҳҳои баланди Ванҷу Язғулом бармехӯранд, раванди боришоти орографӣ (кӯҳсоз) рӯй медиҳад, ки боиси резиши миқдори зиёди борону барф мегардад. Дар моҳҳои июлу август бошад, гармшавии шадиди сатҳи замин дар биёбонҳои Афғонистону Эрон боиси пайдоиши минтақаҳои фишори паст мегардад, ки массаҳои ҳавоии тропикии хушкро ба минтақа ворид карда, равандҳои абрсозиро бозмедоранд ва давраи хушксолии тобистонаро фаро меоранд. Бо сабаби парокандагии шабакаи истгоҳҳои обуҳавосанҷӣ дар кӯҳистони Помир, таҳлили дақиқи микроиқлимҳои алоҳида – ҳатто бо истифода аз пойгоҳҳои додаҳои глобалӣ ба монанди MERRA-2 – то ҳанӯз кори мураккабе боқӣ мемонад.<ref name="ref35">[https://www.nature.com/articles/s41598-025-86366-4 Modeling of historical and future changes in temperature and precipitation in the Panj River Basin in Central Asia under the CMIP5 RCP and CMIP6 SSP scenarios] (англ.) // PMC. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Низоми ҳарорат ===
Маълумоти мушаххаси истгоҳҳои метеорологии маҳаллӣ манзараи дақиқтари низоми ҳароратиро пешкаш мекунанд. Тибқи таҳлили илмии соли 2024, ки бар асоси мушоҳидаҳои истгоҳи обуҳавосанҷии Хумроғӣ (воқеъ дар ҳавзаи болооби рӯди Ванҷ) анҷом дода шудааст, ҳарорати миёнаи солона дар ин минтақа тақрибан ба +9,9 °C баробар аст.<ref name="ref36">[https://www.mdpi.com/2072-4292/16/10/1730 Murodov, M.; Li, L.; Safarov, M.; Lv, M.; Murodov, A.; Gulakhmadov, A.; Khusrav, K.; Qiu, Y. A Comprehensive Examination of the Medvezhiy Glacier\\\'s Surges in West Pamir (1968--2023)] (англ.) // Remote Sensing. --- 2024. --- Ҷ. 16, № 10. --- Мақолаи 1730. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Гармтарин моҳи сол июл буда, ҳарорати миёнаи он ба +23,0 °C мерасад,<ref name="ref36" /> баъзе манбаъҳои дигар ҳарорати миёнаи июлро дар маркази ноҳия то +25 °C арзёбӣ мекунанд.<ref name="ref32" /> Тибқи маълумоти сомонаҳои обуҳавосанҷии оммавӣ, дар давоми рӯзҳои гарми тобистон (масалан, дар охири июлу аввали август) ҳарорати нимирӯзӣ метавонад ба таври муназзам то +27...+32 °C боло равад.<ref name="ref37">[https://www.gismeteo.ru/weather-vanch-336641/ Погода в Ванче сегодня] (рус.) // Gismeteo. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Сардтарин моҳи сол январ аст, ки тибқи маълумоти истгоҳи Хумроғӣ ҳарорати миёнааш аз −4,9 то −5,0 °C-ро ташкил медиҳад.<ref name="ref36" /><ref name="ref32" /> Ин рақам аз тавсифи умумии дар боло овардашуда (аз −12 то −20 °C), ки маъмулан дар сарчашмаҳои донишномавӣ дар бораи маркази ноҳия дода мешавад, фарқи назаррас дорад; чунин ба назар мерасад, ки ин тафовут на ихтилофи асл, балки натиҷаи фарқи мавқеи чен ва усули ҳисоб бошад – рақами дуюм эҳтимолан ба ҳарорати шабонаи ниҳоии сардтарин рӯзҳо ё ба минтақаҳои баландтари ноҳия дахл дорад, дар ҳоле ки рақами якум ҳарорати миёнаи моҳонаро дар як истгоҳи мушаххас инъикос мекунад. Муҳимтарин хусусияти ин иқлим амплитудаи миёнаи солонаи ҳарорат аст, ки ба 27,9 °C мерасад ва гувоҳи равшани набудани таъсири мӯътадилкунандаи баҳрҳо мебошад.<ref name="ref36" />
Ҳароратҳои фавқулода низ ба қайд гирифта шудаанд: тибқи як ҳуҷҷати арзёбии экологию иҷтимоӣ, дар моҳи июли соли 2013 ҳарорати ҳаво дар ноҳия то +36,6 °C расидааст, дар ҳоле ки дар моҳи январи соли 2012 пасттарин ҳарорати мутлақ −20,5 °C ба қайд гирифта шуд;<ref name="ref34" /> тафовути миёни ин ду нишондиҳанда – беш аз 57 дараҷа – худ далели равшани шиддати иқлими қораии кӯҳистонии ноҳия аст.
Бо ҳар 100 метр болоравии баландӣ, ҳарорати ҳаво, тибқи қонунияти умумии физикаи атмосфера, ба ҳисоби миёна 0,6 °C коҳиш меёбад; маҳз ҳамин градиенти амудӣ сабаб мешавад, ки дар ҳоле ки дар маркази ноҳия тобистон гармои то 30 дараҷа ҳукмфармост, дар баландиҳои болои 4000 метр шароити наздик ба зимистон боқӣ мемонад. Дар минтақаи лозури Ванҷях, тавре ки дар боло зикр гардид, ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво ҳатто дар моҳҳои июн-сентябр ҳамагӣ +1,6 °C-ро ташкил медиҳад, ки шабнаму яхбандии шабонаро дар он ҷо ҳатто дар авҷи тобистон табиӣ мегардонад.
=== Боришҳо ва намнокии ҳаво ===
Тақсимоти боришот дар ноҳияи Ванҷ, мисли ҳарорат, ба таври шадид вобаста ба баландӣ тағйир меёбад. Тибқи маълумоти истгоҳи Хумроғӣ, боришоти миёнаи солона дар ҳавзаи болооби рӯди Ванҷ ба 341 мм мерасад,<ref name="ref36" /> дар ҳоле ки дар қисматҳои поёнии водӣ ин рақам ба 200-300 мм наздик аст (ниг. боло), ва дар баъзе минтақаҳои миёнакӯҳ, тибқи баъзе сарчашмаҳо, то 626 мм низ мерасад.<ref name="ref32" /> Хусусияти муҳимтарин на ҳаҷми умумии боришот, балки тақсимоти бениҳоят нобаробари он дар тӯли сол аст: моҳи сербориштарин март буда, ба ҳисоби миёна 64 мм боришот дорад ва бо обшавии ҳамзамони барфҳои кӯҳӣ сатҳи оби Ванҷобу Язғуломро кескин боло мебарад; моҳи хушктарин бошад, август аст, ки миқдори боришот дар он ҳамагӣ ба 1 мм мерасад.<ref name="ref36" /> Тафовути 63-миллиметра миёни ин ду моҳ нишондиҳандаи равшани хушксолии мутлақи тобистона мебошад.<ref name="ref36" />
Намнокии нисбии ҳаво низ ба ҳамин ритми мавсимӣ пайравӣ мекунад: дар авҷи тобистон он метавонад то 18-24 фоиз коҳиш ёбад,<ref name="ref38">Погода в Ванче (Таджикистан) (рус.) // JSPRAV.ru. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> ки боиси бухоршавии босуръати намӣ аз сатҳи хоку баргу набот гардида, эҳтиёҷи кишоварзиро ба обёрии сунъӣ хеле меафзояд. Дар муқобил, дар минтақаи баландкӯҳии лозури Ванҷях, тавре ки дар боло омад, миқдори солонаи боришот ба 1192 мм мерасад, ки 99 дарсади он ба шакли барф меборад – рақаме, ки таъсири орографии (кӯҳсози) қаторкӯҳҳои Ванҷу Академияи илмҳоро ба таври возеҳ нишон медиҳад: ҳангоме ки массаҳои ҳавоии намнок ба ин деворҳои азим бармехӯранд, ба боло ҳаракат карда, сард мешаванд ва намии худро дар шакли боришоти шадид дар минтақаҳои баландтар мепартоянд, дар ҳоле ки водиҳои поёнӣ дар ''«сояи боришот»'' боқӣ мемонанд.
Хоки водиҳо ҷигарӣ ва чаманзорӣ (чимтолӣ); хоки кӯҳҳо ва нишебиҳои онҳо даштӣ ва марғзору баландкӯҳ, ҷо-ҷо регзор аст. Аксари хокҳо серсанганд.
Дар водиҳо набототи даштӣ, дар кӯҳҳо ва доманаи онҳо дарахтони бед, арча, сафедор, буттаҳои ангат, зирк, бушол, настаран; дар баландии 2000-4000 м камол, юған, торон, ревоҷ (чукрӣ), куруш, фарк, курт, бодом, жағн, тӯс (буруҷ) ва ғайра мерӯянд. Дар водии Ванҷ дарахтони мевадор, аз қабили тут, зардолу, себ, чормағз хеле фаровонанд ва ҳосили хуб медиҳанд.
Аз ҳайвоноти ваҳшӣ паланг, хирс, гург, шағол, рӯбоҳ, оҳу, суғур, заргӯш, аз парандагон гунҷишк, ғулба, кабки реза, кабки дарӣ (ҳилол), кафтар, боз, ғалевоз, уқоб ва ғайра вомехӯранд.
=== Минтақабандии амудии эко-иқлимӣ ===
Бо сабаби тафовути шадиди баландӣ – аз 1500 метр дар қисматҳои поёнии водӣ то беш аз 6000 метр дар қуллаҳо – иқлими ноҳияи Ванҷ якранг нест, балки аз занҷираи пайдарпайи минтақаҳои эко-иқлимӣ иборат аст, ки ҳар кадоме шароити хоси гармову намнокӣ ва набототу ҳайвоноти мувофиқи худро доранд.
Дар баландии 1500-2000 метр, дар водиҳои Ванҷу Водхуд, иқлим гармтарину мусоидтарин аст; маҳз дар ҳамин минтақа, тавре ки дар боло зикр шуд, дарахтони меваовар – тут, зардолу, себу чормағз – ҳосили фаровон медиҳанд. Аз баландии 2000 то 4000 метр иқлим сардтар мешавад ва набототи дарахтии гармидӯст ҷои худро ба буттаву гиёҳҳои тобовар ба хушкии тобистона медиҳад; маҳз ҳамин минтақа, тибқи таҳқиқоти экологии барномаҳои ҷаҳонии ҳифзи табиати Осиёи Марказӣ, макони зисти намудҳои нодири эндемикӣ – аз ҷумла гиёҳи [*Nepeta badachschanica]* ва шабпараки нодири кӯҳӣ [*Parnassius autocrator]* – маҳсуб мешавад.<ref name="ref39">[https://portals.iucn.org/library/node/48972 World Heritage thematic study for Central Asia] (англ.) // IUCN Portals. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар баландии 4000-5500 метр, дар минтақаи тундраи кӯҳӣ ва марғзорҳои алпӣ, набототи дарахтӣ комилан аз байн меравад ва танҳо гиёҳҳои пастқад, ушна ва сангфаш (лишайник) боқӣ мемонанд; фаунаи ин минтақа – аз ҷумла паланг, хирс, суғур ва кабки дарӣ (ҳилол) – бештар дар фасли тобистон ба ин баландиҳо мебарояд ва бо фарорасии зимистон ба минтақаҳои поёнии гармтар муҳоҷирати амудӣ мекунад.<ref name="ref39" /> Ниҳоят, аз баландии 5500 метр боло, дар минтақаи нивалӣ-лозурӣ, олами яхбандии доимӣ оғоз мешавад, ки ба иқлими қутбҳои Замин монандӣ дорад ва манбаи асосии ғизогирии лозурҳои бузурги ноҳия, аз ҷумла лозури Ванҷях, ба шумор меравад.
=== Хатарҳои гидрометеорологӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ===
Иқлими шадидан қораии ноҳияи Ванҷ, ки бо боришоти пуршиддати баҳорӣ ва хушксолиҳои шадиди тобистона тавсиф мешавад, минтақаро ба яке аз осебпазиртарин ноҳияҳо аз лиҳози хатарҳои гидрометеорологӣ дар тамоми ҳавзаи рӯди Панҷ табдил додааст.<ref name="ref40">Climate Change Vulnerability Assessment Republic of Tajikistan: Building Climate Resilience in the Pyanj River Basin (англ.) // Climate Investment Funds (CIF). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ду омили асосии иқлимӣ сабабгори аксари сел ва обхезиҳо мебошанд. Аввал, вақте ки боришоти шадиди баҳорӣ бо баландшавии ногаҳонии ҳарорат ҳамроҳ мешавад, барфҳои нишебиҳои кӯҳӣ босуръат об шуда, заминро аз ҳад зиёд сернам мекунанд ва ба лағжиши қабатҳои замин ва фаромадани селҳои лойқадор оварда мерасонанд.<ref name="ref36" /> Дуюм, ҳангоме ки ҳарорати нимирӯзии тобистона ба атрофи +30 °C мерасад, суръати обшавии лозурҳо ба ҳадди аксар расида, метавонад боиси обхезиҳои ногаҳонии кӯлҳои лозурӣ гардад,<ref name="ref38" /> падидае, ки, тавре ки дар бахши ''«Лозурҳо ва қуллаҳо»'' зикр гардид, дар мисоли лозури Хирс борҳо ба амал омадааст.
Тибқи арзёбии осебпазирии иқлимӣ, ки дар доираи лоиҳаи минтақавии ''«Ташаккули устувории иқлимӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ»'' анҷом дода шудааст, деҳаҳои ноҳияи Ванҷ, аз ҷумла дар ҷамоатҳои Водхуду Язғулом, дар қатори минтақаҳои дорои хатари миёна ва баланди зарар аз сел ва обхезӣ гурӯҳбандӣ шудаанд.<ref name="ref40" /><ref name="ref41">[https://www.adb.org/projects/45354-002/main 45354-002: Building Climate Resilience in the Pyanj River Basin] (англ.) // Asian Development Bank. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Барои коҳиш додани ин осебпазирӣ, дар доираи лоиҳаҳои байналмилалии мутобиқшавӣ ба иқлим, дар ҳудуди ҷамоати Водхуд корҳои мустаҳкамкунии соҳили рӯди Ванҷоб ва барқарорсозии лӯлаҳои оби полезӣ анҷом дода шудаанд, ки ҳадафи онҳо ҳифзи заминҳои кишоварзӣ аз сел ва кафолати таъминоти об дар давраҳои хушксолии шадид мебошад.<ref name="ref40" /> Ин гуна тадбирҳои инфрасохторӣ, дар якҷоягӣ бо гузариш ба неруи барқи хурди обӣ (ниг. бахши ''«Энергетика»'') ва вобастагии иқтисоди хонаводаҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ (ниг. бахши ''«Муҳоҷирати меҳнатӣ»''), нишондиҳандаи равшани он мебошанд, ки иқлими шадиди кӯҳистонӣ на танҳо омили табиӣ, балки муайянкунандаи асосии тарзи зиндагӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ванҷ боқӣ мемонад.
{| class="wikitable"
!'''Ҷадвали 1. Хулосаи нишондиҳандаҳои иқлимии ноҳияи Ванҷ'''<ref name="ref36" /><ref name="ref32" /><ref name="ref34" /><ref name="ref37" /><ref name="ref38" />
|-
|'''Нишондиҳанда'''
|'''Қимат'''
|'''Тавзеҳ'''
|-
|Ҳарорати миёнаи солона
| +9,9 °C
|Истгоҳи Хумроғӣ
|-
|Ҳарорати миёнаи июл (гармтарин моҳ)
| +23,0...+25,0 °C
|Хумроғӣ / маркази ноҳия
|-
|Ҳарорати миёнаи январ (сардтарин моҳ)
|−4,9...−5,0 °C
|Истгоҳи Хумроғӣ
|-
|Амплитудаи миёнаи солонаи ҳарорат
|27,9 °C
|Нишондиҳандаи иқлими қораӣ
|-
|Максимуми мутлақ (рекорд)
| +36,6 °C
|Июли соли 2013
|-
|Минимуми мутлақ (рекорд)
|−20,5 °C
|Январи соли 2012
|-
|Боришоти солона (Хумроғӣ)
|341 мм
|Ҳавзаи болооби рӯди Ванҷ
|-
|Моҳи сербориштарин
|64 мм
|Март
|-
|Моҳи хушктарин
|1 мм
|Август
|-
|Намнокии нисбии ҳаво дар тобистон
|18-24 %
|–
|}
Тавсифи иқлимии асри XIX низ ба хусусиятҳои дар боло зикршуда мувофиқат мекунад: тибқи мушоҳидаи Юхновский (1894), водии Ванҷ, дар муқоиса бо дигар қисматҳои Дарвоз, аз лиҳози иқлимӣ фарқ дошта, азбаски бештар ба бодҳои шимолӣ кушода буд, зимистони он бо сахтии бештар тавсиф мешуд.<ref name="ref2112" /> Бо вуҷуди ин, тибқи гуфтаи сокинони маҳаллӣ, ки Юхновский овардааст, миқдори барфу борон он қадар зиёд набуд ва алоқаи роҳ дар тӯли дарёи Ванҷ одатан дар давоми сол қатъ намешуд; танҳо дар мавридҳои нодир, дар натиҷаи тӯфони барфӣ, роҳ аз 4 то 10 рӯз дар як сол баста мешуд.<ref name="ref2112" />
== Таърих ==
Ванҷ таърихи чандинҳазорсола дорад, ки осори таърихии он то ҳол пойбарҷоянд, аммо касе аз донишмандони таърих ва бостоншиносони тоҷик ба пажӯҳиши ҷиддии ин ганҷинаи таърих домани ҳиммат барназадааст. Сағонаҳо ва дахмаҳои Ванҷ худ далели ошкори таърихи чандҳазорсолаи ин куҳанбуманд. Бо ин ҳама, таърихи навини водӣ дар осори муаррихони тоҷик – мақолаи академик [[Раҳим Масов]] ''«Оид ба таърихи водии Ванҷ»'' ва китобҳои профессор [[Ҳайдаршо Пирумшоев]] – мавриди баррасии махсус қарор гирифтааст.<ref name="ref42">Масов Р. М. К истории Ванчской долины // Мероси ниёгон. --- Душанбе, 1999. --- № 4. --- С. 20--30.</ref><ref name="ref2" />
Сарнавишти таърихии Ванҷ аз дигар мавзеъҳои тоҷикнишини Бухорои Шарқӣ ва ғарби Бадахшон чандон фарқе надошт. Фоҷиаҳое, ки дар ин ё он гардиши таърихӣ, мисли ҳуҷуми муғулҳо, темуриён ва тозиши дигар қабилаҳои кӯчии туркнажод ва хунрезиҳои ваҳшиёна дар давраи парокандагии феодалӣ рух доданд, бар ин сарзамин бетаъсир набуданд. Тоҷиконе, ки зери таъқибу фишори аҷнабиён қарор гирифта буданд, барои ҳифзи ҷони худ ба тагнои ин дараҳои дастнорас, ба каронаҳои рӯдҳои кӯҳӣ паноҳ бурданд ва ба ҷойҳои дурдасте кӯчиданд, ки сокинони маҳаллӣ дар он солиёни дароз бо кӯшишу ранҷи сахт қитъаҳои хурди заминро барои кишт созгор мекарданд.
Далели мустақими мардумшиносии ин падидаи муҳоҷират аз ҷониби шарқшиноси рус А. А. Семёнов, ки соли 1898 дар доираи экспедитсияи расмии граф А. А. Бобринский ба кӯҳҳои Зарафшону [[Қаротегин|Қаротегину]] Дарвоз сафар карда буд, сабт гардидааст:
''«Обитатели долины Ванджа говорили, что ихъ долина заселена недавно, лѣтъ сто тому назадъ, выходцами съ Хингоба. Это переселеніе, замѣтимъ, на Вандж съ Хингоба продолжается, вѣроятно, и до сихъ поръ: намъ здѣсь приходилось встрѣчать много туземцевъ, которые родились въ долинѣ Хингоба и недавно переселились на Ванджъ. Туземцы Дарваза по Пянджу передавали, что ихъ отцы заселили правый берегъ рѣки, когда лѣвый былъ занятъ, и пришли сюда изъ долины Хингоба, туда же переселились съ Ях-Су.»''
Тарҷума: ''«Сокинони водии Ванҷ мегуфтанд, ки водии онҳо на чандон пеш, тахминан сад сол қабл, аз ҷониби муҳоҷирони аз Хингов омада маскун шудааст. Ин муҳоҷират, бояд қайд кард, аз Хингов ба Ванҷ, эҳтимол, то ба имрӯз низ идома дорад: мо дар ин ҷо бисёр сокинонеро вохӯрдем, ки худашон дар водии Хингов таваллуд шуда, ба наздикӣ ба Ванҷ кӯчида буданд. Сокинони бумии Дарвоз дар соҳили Панҷ нақл мекарданд, ки падарони онҳо соҳили рости дарёро – вақте ки соҳили чап аллакай ишғол шуда буд – маскун сохтаанд ва ба ин ҷо аз водии Хингов омада буданд, ки худ пеш аз он аз Ях-Су ба он ҷо кӯчида буд»''.<ref name="ref43">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 20.</ref> Ин маълумоти мардумшиносӣ, ҳарчанд бар асоси ривояти шифоҳии сокинон дар охири асри XIX сабт шуда ва набояд ҳамчун санади мутлақи таърихӣ пазируфта шавад, бо ин ҳама, бо тасвири умумии дар боло овардашуда – ки водиро паноҳгоҳи гурезагони кӯҳистонӣ аз минтақаҳои гуногун меҳисобад – ҳамоҳангии комил дорад. Дар бораи таърихи куҳантари Ванҷ ҳанӯз манбаъи мувассақе ба даст нарасидааст. Аммо аз таҳқиқоти донишмандони руси тоинқилобӣ ва муҳаққиқони аҳди шӯравӣ бармеояд, ки Ванҷ қариб то охири асрҳои миёна истиқлоли худро нигоҳ медошт. Ин назарро донишманди маъруф, мутахассиси таърихи Бухорои Шарқӣ ва Бадахшон Б. Искандаров чунин баён кардааст:<ref name="ref44">Искандаров Б. И. Восточная Бухара и Памир во второй половине XIX в. Ч. 1--2. --- Душанбе, 1962--1963.</ref>
Аз мулкҳои қаламрави Дарвоз сокинони Ванҷ нисбатан мустақилияти воқеъиро соҳиб буданд. Ин ноҳияро кӯҳҳои баланд иҳота мекунанд ва он аз шоҳроҳи пайвандгоҳи мулкҳои кишвар дар канор, дар наздикиҳои доманаи лозури Федченко ҷой дорад. Аз ин ҷиҳат мулки номбурда барои аҷнабиён дастнорас буд. Ба ин нигоҳ накарда, хонҳои Қӯқанд дар охири асри XVIII - ибтидои XIX борҳо барои ғасбу тобеъ намуданаш кӯшиш ба харҷ додаанд, вале ҳама талафоту харҷашон беҳуда анҷом ёфтааст.
Ванҷ дар замони истилои муғулон ва салтанати [[Темуриён]], [[Шайбониён]] ва [[Аштархониён]] ба таври расмӣ ҷузъи қаламрави онҳо шинохта мешуд, аммо амалан мустақил буд. Ин вазъиятро метавон дар замони ташаккули давлатдории Қӯқанд (авохири асри 18 - нимаи якуми асри 19) низ мушоҳида кард. Мувофиқи маълумоти маъхазҳо, Ванҷ то замони эътироф кардани ҳукумати шоҳи Дарвоз Исмоил (1845-1863) истиқлоли худро нигоҳ дошт. Дар замони ҳукмронии шоҳони вопасини Дарвоз (1863-1877) Ванҷ бахше аз қаламрави он ҳисоб меёфт. Баъд аз пайвастани Ванҷ ба Дарвоз иқтидори ҳокимони Дарвоз афзоиши чашмгире дошт, зеро бо ҳамроҳ шудани паҳлавонони ҳузарби ванҷӣ ба сафи лашкари Исмоилшоҳ имконоти ҷангии ӯ бамаротиб афзуд. Дар бораи муносибати мураккаби Ванҷ бо ҳокимони марказии Дарвоз, ки байни итоат ва муқовимат дар навасон буд, шаҳодати арзишманди дигаре аз офицери Штаби Генералии Русия, капитан А. Кузнецов боқӣ мондааст, ки соли 1892 ба таври пажӯҳиши ҳарбӣ аз Дарвоз дидан кардааст. Тибқи гузориши ӯ, гоҳе Шоҳони Дарвоз маҷбур мешуданд бар зидди бекҳои саркаши Ванҷ лашкар бифиристанд:
''«Тѣмъ не менѣе этимъ переваломъ во время оно Дарвозскіе Ша посылали войска съ артиллеріей въ Ванчъ на усмиреніе непокорныхъ бековъ, которые портили по Пянджу дорогу и занимали оборонительно тѣснины этой рѣки.»''
Тарҷума: ''«Бо ин ҳама, тавассути ҳамин ағба буд, ки замоне Шоҳони Дарвоз лашкар бо тӯпхона ба Ванҷ мефиристоданд, барои ба итоат овардани бекҳои саркаше, ки роҳи канори Панҷро вайрон мекарданд ва тангноҳои ин дарёро ба таври мудофиавӣ ишғол менамуданд»''.<ref name="ref45">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 12–13.</ref> Мисоли дигари ин рӯҳияи истиқлолхоҳонаи Ванҷ дар хотираи мардумӣ низ маҳфуз мондааст: тибқи иттилои Кузнецов, тахминан 120 сол пеш аз боздиди ӯ, яъне дар замони Шоҳ Иброҳими Дарвоз, ҳокими Ванҷ — Шабосхон — бо роҳи ағбаи Кашолаях ба Сариқул барои ғорати қирғизҳо лашкар кашида буд:
''«Послѣдній разъ этимъ переваломъ ходилъ управитель Ванча Шабосъ-ханъ въ Сары-Колъ грабить киргизъ. Это было 120 лѣтъ тому назадъ во время Дарвозскаго Ша-Ибрагима.»''
Тарҷума: ''«Бори охирин аз ҳамин ағба ҳокими Ванҷ, Шоҳаббосхон барои ғорати қирғизҳо ба Сариқул гузашта буд. Ин ҳодиса 120 сол пеш, дар замони Шоҳи Дарвоз Иброҳим, рӯй дода буд»''.<ref name="ref46">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 21–22.</ref>
Тибқи ривояти маҳаллӣ, ки муаррихон Р. Масов ва Ҳ. Пирумшоев дар асари бунёдии худ ''«Файзи истиқлол дар "Боми ҷаҳон"»'' сабт кардаанд, дар деҳаи Кулумбаи Боло то ба имрӯз нишонаҳои коркарди тилло боқӣ мондаанд, ки гӯё дар замони истилои муғулон навкарони Чингизхон мардуми маҳаллиро маҷбуран ба ин фаъолият сафарбар карда буданд.<ref name="ref47">Масов Р. М., Пирумшоев Ҳ. Файзи истиқлол дар «Боми ҷаҳон». --- Душанбе: Дониш, 2011. --- 412 с. --- ISBN 978-99947-2-004-0. --- С. 362--363.</ref> Ин ривоят нишон медиҳад, ки ҳарчанд қудратҳои бузург метавонистанд нуфузи худро ба таври муваққатӣ ва барои истихроҷи захираҳо таҳмил кунанд, онҳо ҳеҷ гоҳ натавонистанд назорати пурраи маъмуриро дар ин дараҳои маҳкам барқарор намоянд. Дар замони салтанати Темуриён низ, тибқи маълумоти муаррихи асримиёнагӣ Абдурраззоқи [[Самарқанд|Самарқандӣ]], агарчи минтақа расман дар итоати Темур буд, он аз ҷониби шоҳони маҳаллӣ идора мешуд ва ҳатто дар лашкари Темур ҳангоми муҳосираи Қалъаи Калот (соли 1381 милодӣ) дастаҳое аз сокинони Дарвозу Қаротегин хидмат мекарданд, ки гувоҳи иқтидори ҳарбии ин кӯҳистониён аст.<ref name="ref47" />
Дар охири асри XVIII ва нимаи якуми асри XIX хонҳои Қӯқанд якчанд маротиба кӯшиши тобеъ намудани Ванҷу Дарвозро ба харҷ доданд: дар замони салтанати Умархон (1810-1822) ва Мадалихон лашкаркашиҳои пайдарпай ба самти Қаротегину Дарвоз сурат гирифтанд; чунончи соли 1834 Мадалихон бо сарварии Машариф Атолиқ лашкари бузургеро барои саркӯб кардани шоҳзодагони фирории қӯқандӣ ба ин манотиқ фиристод, ки боиси даргириҳои шадид бо сипоҳиёни маҳаллӣ гардид.<ref name="ref48">Мудабирзода. Диссертатсия // Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш, 2025.</ref> Бо вуҷуди ин талошҳо ва хароҷоти зиёди ҳарбӣ, тавре ки дар боло аз қавли Искандаров зикр гардид, Ванҷ мустақилияти воқеии худро нигоҳ дошт.
Бо таваҷҷуҳ ба ин мавзӯъ, намояндаи расмии идораи Русия дар Туркистон Г. А. Арандаренко чунин қайд намудааст:
Дар давраи Исмоилшоҳ ба дарвозиён фурсат даст дод, ки ҳокимияти худро на танҳо дар Қаротегин ва Шуғнон густариш диҳанд, балки аз [[Кӯлоб|Кӯлобу]] [[Ҳисор]] низ боҷ биситонанд, гарчи дар муддати на чандон тӯлонӣ ҳам бошад.
Тибқи таҳқиқоти навтарин, Исмоилшоҳ дар авҷи иқтидори худ ба ин доираи васеъ ҳатто Рӯшонро низ тобеъ карда буд.<ref name="ref48" /> Вақте ки дар охирҳои солҳои 1860-ум ҳокимони Кӯлобу Ҳисор – Сарахон ва Абдулкаримбий – бо лашкари тахминан 50 ҳазор нафара ба муқобили ӯ бархостанд, Исмоилшоҳ бо дастгирии неруҳои содиқи худ, аз ҷумла паҳлавонони ванҷӣ, ба онҳо муқовимати шадид нишон дод.<ref name="ref48" />
Баъди ба Русия ҳамроҳ кардани Осиёи Миёна, амир Музаффар (1860-1885) бо дастгирии фармондори вилояти Туркистон манотиқи мустақиллу нимамустақилли Бухорои Шарқиро тасарруф кард ва нерӯҳои ҳарбии худро бо сарварии Худойназар (зимистони солҳои 1877-78) ба воситаи ағбаи Работ ба Қалъаи Хумб фиристод. Худойназар Қалъаи Хумбро ишғол кард, сипас ба самти Ванҷ ҳаракат намуд. Дар наздикии деҳаи Кеврон набарди сахте рӯй дод ва аскарони амир тавонистанд лашкари Дарвозро шикаст дода, таъқиби сарбозони боқимондаро идома диҳанд. Дастаи размандагони ихтиёрии Ванҷ ҳаракати сарбозони амирро дар назди Қалъаи Рохарв – маркази Ванҷ боздоштанд. Баъди муҳосираи бенатиҷаи қалъа сарбозони амир ба Қалъаи Хумб баргаштанд. Ванҷ баъди тобеъ шудани шоҳии Дарвоз боз ду сол истиқлоли худро нигоҳ дошт. Дар давраи салтанати сулолаи манғитиён Ванҷ яке аз амлокдориҳои нисбатан бонуфузи бекии Дарвоз ба шумор мерафт.
Амлокдори Ванҷро ''«мир»'' ва ё ''«шоҳ»'' меномиданд, яъне мири Ванҷ ё шоҳи Ванҷ. Вижагии вазифаи мирӣ дар Ванҷ дар ин буд, ки номзадии мири Ванҷро бо машварат ва ройзании шахсиятҳои бонуфузи маҳаллӣ пешбарӣ мекарданд, сипас мири Дарвоз бар ӯ мувофиқат мекард ва аз амири Бухоро таъйиди ниҳойӣ дарёфт мешуд. Ҷамъ намудани андоз ва уҳдадориҳои феодалӣ ба зиммаи мир гузошта шуда буданд.
Муҳимтарин санади таърихӣ, ки сохтори деҳаҳо ва демографияи ин давраро тасдиқ мекунад, ҳуҷҷати барӯйхатгирии саросарии [[Аморати Бухоро]] дар соли 1914 мебошад. Тибқи ин санад, ки 6-уми моҳи рабиъу-с-сонии соли 1332-и ҳиҷрӣ (мутобиқ ба марти соли 1914) аз тарафи беки Дарвоз Абдусатторбек Бийи Додхоҳ бо муҳр тасдиқ шудааст, маркази амлокдории Ванҷ расман дар деҳаи Рохарв (макони Қалъаи Ванҷ) сабт гардидааст.<ref name="ref49">Ванҷ ва Язгулом 112 сол пеш аз ин // Газетаи мардумии СССР. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ин рӯйхати нодир нишон медиҳад, ки аксари мутлақи деҳаҳои имрӯзаи водӣ ҳанӯз сад сол қабл бо ҳамон номҳои таърихии худ вуҷуд доштанд ва қисми узвии сохтори маъмурии амлокдорӣ буданд.<ref name="ref49" />
=== Санадҳои таърихӣ ва фармонҳои шоҳон ===
Илова бар санади расмии барӯйхатгирии Аморати Бухоро, дар Ванҷ намунаҳои қадимтари номанигории маҳаллӣ низ то замони мо расидаанд, ки аз сатҳи баланди фарҳанги хаттии минтақа ва мавҷудияти дастгоҳи мураттаби идоракунӣ дар назди шоҳони Дарвоз шаҳодат медиҳанд.
Аз ҷумла, дар фармони Маҳмудхон ибни Султон Маҳмудхон, ки ба соли 1293 ҳиҷрӣ (1876 милодӣ) тааллуқ дорад, ба сокинони қаламрави Ванҷ, аз ҷумла деҳаҳои Роғ ва Ускроғ, чунин эълон шудааст:
''«Ҳазрати воҷиб таоло... чун осори хидматгорӣ ва вазоифи ризоҷӯӣ аз ҷабини Исмоил ибни Додхо зоҳиру ҳувайдо гардида, ба ин тариқа ки дар ҷанги боғи Қалъаи Хум, ки миёни дарвозӣ ва кӯлобӣ воқеъ шуд ва далериҳо намуда, аспу аслиҳаи душманро ғанимат гирифта... мо ҳам лоиқи тарбият ва муносиби мурувваташ дида, як ҷомаи раъси алоча, ки солиёна амал дошт, маоф намуда, ба худаш бахшидем... Санаи 1293/1876. Мӯҳр: Маҳмудхон ибни Султон Маҳмудхон.»<ref name="ref2092">"Намунае чанд аз услуби номанигорӣ ва санаднигории қабл аз омадани русҳо дар Ванҷ" (аз соли 1876 милодӣ) // Аз маводи бойгонии маҳаллии Ванҷ.</ref>''
Ин фармон, ки хидматҳои ҳарбии Исмоил ибни Додхоро дар ҷанги боғи Қалъаи Хум (миёни дарвозиён ва кӯлобиён) эътироф намуда, ӯро аз пардохти андози солонаи ҷома (маоф) озод мекунад, гувоҳи он аст, ки шоҳони Дарвоз низоми мукаммали мукофотдиҳӣ ва андозситонии феодалиро идора мекарданд.
Санади дигаре, ки ба соли 1824 милодӣ тааллуқ дорад, номаи сокинони Водхуд ба сокинони Пшихарв аст, ки дар он аз рабудану куштани чорвои ҳамдигар шикоят шудааст:
''«...аз қадимулайём мо-ён ба шумоён духтар дода, духтар гирифта. Чӣ шудааст, ки дар асри шумо оқсақолон ин тариқа корҳои беҳудаи фасодӣ ва дуздию ғорати бисёр пайдо шуда истодааст. Нарбузи Иброҳимро фармудед қасдан гирифта кушта хӯрдед...»<ref name="ref2102">"Намунае чанд аз услуби номанигорӣ ва санаднигории қабл аз омадани русҳо дар Ванҷ" (аз соли 1824 милодӣ) // Аз маводи бойгонии маҳаллии Ванҷ.</ref>''
Мавҷудияти чунин номаву фармонҳо, ки байни оилаҳои хешованди Пшихарву Водхуд – ки анъанан ба ҳамдигар духтар медоданду мегирифтанд – ҳам барои эълони мукофот ва ҳам барои ҳалли баҳсҳои ҳуқуқӣ истифода мешуданд, нишон медиҳад, ки дар Ванҷи пеш аз омадани Русия сокинон барои ҳалли масъалаҳои баҳсбарангез аз роҳҳои расмии ҳуқуқӣ ва анъанаи хаттӣ истифода мебурданд, на танҳо аз доварии урфӣ.
Сокинони водии Ванҷ [[Инқилоби Октябр|Инқилоби Октябрро]] нисбатан хуб пазируфтанд, вале пас аз муддати кӯтоҳе муборизони маҳаллии муқовимат, аз пайравони Фузайл Махсум ва дигарон, ки бо номи ''«босмачиён»'' маъруфанд, чандин бор бо Артиши Сурх ва давлати шӯравии мустақарр дар Ванҷ даргир шуданд. Дар ин даргириҳо барои дифоъ аз ҳукумати шӯравӣ фидоиёни маҳаллӣ, мисли М. Давлатов, С. Раупов, Т. Шарифов, В. Эҳсонов, У. Меҳралишоев, Ҷ. Сафоев, Қ. Собиров ва дигарон ширкат доштанд.
Тафсилоти иловагӣ дар бораи ҳамин рухдодҳо — аз ҷумла робитаи онҳо бо мудохилаи Британия дар минтақа — дар мақолаи Т. Г. Абаева дар бораи пажӯҳишҳои А. В. Станишевский омадааст:
''«Басмаческий налет весной 1929 г. на Гарм и на Ванчский район Западного Памира был осуществлен под руководством капитана Вуда-Балларда, помощника малакандского политического агента по Читральскому княжеству.»''
Тарҷума: ''«Ҳамлаи босмачиён дар баҳори соли 1929 ба Ғарм ва ба ноҳияи Ванҷи Помири Ғарбӣ таҳти роҳбарии капитан Вуда-Баллард, ёрдамчии агенти сиёсии малаканд оид ба амораи Читрал, амалӣ гардид.»''.<ref name="ref50">Абаева Т. Г. Исследования А. В. Станишевского (Азиза Ниалло) о Памире // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 281.</ref>
Бино бар сарчашмаҳои таърихӣ, дар асрҳои миёна Ванҷ се ниҳиштаи маъдани оҳансанг дошт. Ҳанӯз дар оғози асри XX истихроҷи оҳан, гудохтани он ва оҳангарӣ яке аз пешаҳои асосии мардуми маҳаллии Ванҷ буд, ки бо ин пеша манотиқи муҷовирро бо оҳан ва афзоли хоҷагӣ, асбоби кишоварзӣ, корду шамшер ва дигар аслиҳа таъмин мекарданд.<ref name="ref51">Камалиддинов Ш. С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX --- начала XIII вв. --- Ташкент: Ӯзбекистон, 1996.</ref> Ин касби мардумии ванҷиёнро шарқшиноси маъруф М. С. Андреев ҳанӯз соли 1926 дар рисолаи махсуси худ ''«Истеҳсоли оҳан дар водии Ванҷ»'' муфассал тавсиф кардааст.<ref name="ref52">Андреев М. С. Выработка железа в долине Ванча (верховья Аму-Дарьи). --- Ташкент, 1926.</ref>
Гудозиши оҳан дар кӯраҳои махсуси заминӣ - чиндонҳо, ки аз сангҳои тарошиданашуда ва гил сохта мешуданд, анҷом мепазируфт; оташро тавассути дамҳои аз пӯсти буз сохташуда меафрӯхтанд ва ҳамчун сӯзишворӣ аз ангишти чӯб ва барои афрӯхтани оташ, буттаи кӯҳии ''«пӯш»''-ро истифода мекарданд.<ref name="ref53">[https://istmat.org/files/uploads/43175/i.e.hodorov_tadzhikistan_v_narodnom_hozyaystve_sssr.pdf Ходоров И. Е. Таджикистан в народном хозяйстве СССР] (рус.) // Исторические материалы (istmat.org). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Як чунин кӯра тавоноӣ дошт, ки дар як шабонарӯз то 240 килограмм маъданро коркард намояд ва раванди пайвастаи гудозиш аз 2 то 5 шабонарӯз идома меёфт;<ref name="ref53" /> маҳз ҳамин технологияи маҳаллӣ ба Ванҷ имкон медод, ки аз воридоти металл аз берун вобаста набошад ва артиши худро бо аслиҳаи сард таъмин карда, худкифоии ҳарбию иқтисодиро кафолат диҳад.
Шаҳодати мустақил ва қадимтарини мустанад дар бораи ин анъанаи оҳангарӣ, ки бисту се сол пеш аз тадқиқоти Андреев сабт шудааст, аз гузориши капитан Кузнецов (соли 1892) бармеояд:
''«Серебро имѣется въ Джумарчскомъ амилякдарствѣ, свинецъ, олово у кишлака Вараунъ, желѣзо по р. оби-Ванчъ, главнымъ образомъ въ окрестностяхъ кишлака Техарви, кишлака Потау и кишлака Вань-Вань. Туземцы берутъ желѣзную руду, лежащую только на верхнихъ слояхъ земли; обжигаютъ ее въ особо-устроенныхъ печахъ, причемъ изъ 2 пудовъ руды получается желѣза полъ-пуда.»''
Тарҷума: ''«Нуқра дар амлокдории Ҷумарҷ мавҷуд аст, сурбу қалъагӣ — дар канори рустои Баравн, оҳан бошад — дар канори дарёи Ванҷ, асосан дар атрофи рустоҳои Техарв, Потов ва Ван-ван. Бумиён маъдани оҳанро, ки танҳо дар қабатҳои болоии замин ҷой дорад, бармедоранд; онро дар кӯраҳои махсус месӯзонанд, ки дар натиҷа аз ду пуд маъдан ним пуд оҳан ба даст меояд»''.<ref name="ref54">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 55–56.</ref> Кузнецов инчунин истихроҷи тиллоро дар ҳавзаи дарёи Ванҷ (дар канори Сағирдашту Язғулом), ки бо усули ибтидоии кӯшмаву ғалбер сурат мегирифт, тасвир кардааст ва аз байни ҳунарҳои дастии амлокдории Ванҷ, махсусан кордсозиро зикр намудааст:
''«Изъ кустарнаго производства обращаетъ на себя вниманіе только выдѣлка ножей въ Ванчскомъ амилякдарствѣ, да повсюду приготовленіе мату для одежды.»''
Тарҷума: ''«Аз ҳунарҳои дастӣ танҳо кордсозӣ дар амлокдории Ванҷ ва — дар ҳама ҷо — тайёр кардани мату барои либос таваҷҷуҳро ҷалб мекунад»''.<ref name="ref55">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 68.</ref>
Ванҷ аз замони [[Сомониён]] то соли 1877 ҳукумате мустақил дошта, фармонравоёни онро шоҳ мехондаанд. Соли 1878 амири Бухоро ба Дарвоз лашкар кашид ва пас аз хиёнати баъзе дарвозиён ба Дарвоз муставлӣ шуд; Дарвозро бекигарӣ ва Қалъаи Хумбро қароргоҳи урдуи манғитиён гардонд. Дарвоз тайи солҳои 1878-1920 яке аз бекигариҳои Бухоро буд ва бек дар Қалъаи Хумб менишаст ва мир хонда мешуд. Бо вуҷуди ин ҳама, Ванҷ зоҳиран дар итоати бекигарӣ буд, вале истиқлоли худро нигаҳ дошт ва пои шуми сипоҳи манғитиён ба Ванҷзамин нарасид.
Тафсилоти иловагӣ дар бораи лаҳзаҳои ниҳоии хонигарии мустақили Дарвоз низ дар ҳамин гузориши Кузнецов сабт шудааст. Тибқи маълумоти ӯ, дар арафаи суқут, аз тамоми қаламрави собиқи хонигарӣ ба охирин Шоҳи Дарвоз — Сераҷетдин — танҳо чанд мулки марказӣ, аз ҷумла худи Ванҷ, боқӣ монда буд:
''«...послѣднему дарвозскому Ша Сераджетдину принадлежали только Кала-и-Хумбъ, Ванчъ, Язулемъ, всѣ амилякдарства лѣваго берега Пянджа съ Хагономъ включительно, Хуллезъ и Вахія.»''
Тарҷума: ''«...ба охирин Шоҳи дарвозӣ Сироҷидин танҳо Қалъаи Хумб, Ванҷ, Язғулом, тамоми амлокдориҳои соҳили чапи Панҷ то Ҳагонро (Деҳагон, Деҳхагон) дар бар гирифта, инчунин Хулоз ва Вахё тааллуқ доштанд»''.<ref name="ref56">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 5.</ref> Ва ҳангоме ки соли 1878 сипоҳи бухороӣ бо сарварии Худойназар-Атолиқ ногаҳон ба Қалъаи Хумб наздик шуд, Сироҷидин-Шоҳ бидуни ҷанг таслим гардид, вале роҳи гурези худро маҳз аз тариқи Ванҷ интихоб намуд:
''«Сераджетдинъ-Ша сдалъ крѣпость безъ бою, а самъ бѣжалъ черезъ Ванчъ въ Кокандъ къ Худаяръ-хану.»''
Тарҷума: ''«Сироҷидин-Шоҳ қалъаро бидуни ҷанг таслим кард, худаш бошад, аз тариқи Ванҷ ба Қӯқанд, назди Худоёрхон гурехт»''.<ref name="ref57">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 6.</ref>
=== Экспедитсияи сарҳадии соли 1893 ===
Соли 1893 экспедитсияе бо мақсади таҳқиқи марзҳои берунии Империяи Русия бо Форсу Афғонистон ва барқарор кардани назорати гумрукии сарҳадӣ дар ҳудуди вилояти Наздикаспӣ ва Хонигарии Бухоро ташкил дода шуд. Яке аз аъзои ин экспедитсия, капитани штаби генералии Февралёв, қитъаи камомӯхтаи сарҳадро аз дарёи Ванҷ дар тӯли рӯдҳои Панҷу Ому то истеҳкоми Керкӣ таҳқиқ намуд.<ref name="ref2112" /> Дар натиҷаи ин таҳқиқот, ки минтақаи баландкӯҳии шарқи Бухороро низ фаро мегирифт, машварати махсуси аъзои экспедитсия бо шахсиятҳои соҳибнуфузи давр — губернатори ҳарбии вилояти Самарқанд граф Н. Я. Ростовцов ва агенти сиёсии Русия дар Бухоро П. М. Лессар — баргузор гардид.<ref name="ref2112" /> Натиҷаи ин машварат чунин буд, ки минтақаи мазкур, ба сабаби вазъи душвории убури он, аз ҷониби постҳои назорати сарҳадӣ ишғол нагардад; ба ҷои он, хатти назорати сарҳадӣ аз рустои Баҳорак тавассути Дарвозу Қаратегин, аз пунктҳои Қалъаи Хумб, Тавилдара, Ғарм ва Думбарачӣ, то пайвастшавӣ бо хатти назорати сарҳадии вилояти Фарғона гузаронида шуд.<ref name="ref2112" /> Тибқи дастури сарфармондеҳи кулли вилояти Туркистон, барон А. Б. Вревский, аз пости Қалъаи Хумб бояд як гашти патрулӣ ба рустои Рохарв дар соҳили дарёи Ванҷ фиристода мешуд, зеро маҳз ба водии ҳамин рӯд роҳҳои аз Рӯшон меомадагӣ мебаромаданд.<ref name="ref2112" />
Соли 1895 бекигарии Дарвоз, ки дар ҳар ду канораи рӯди Панҷ қарор дошт, дар паи ҷаҳонгириҳои Русия ва Британия дупора гардид: канораи рост ба аморати Бухоро ва канораи чап ба Афғонистон дода шуд.<ref name="ref58">Постников А. В. Схватка на «Крыше Мира»: политики, разведчики и географы в борьбе за Памир в XIX веке. --- М.: Памятники исторической мысли, 2001. --- 416 с. --- ISBN 5-88451-100-0.</ref>
Ванҷ то соли 1920 амлокдории Қалъаи Ванҷи бекигарии Дарвози аморати Бухоро буд. Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 Ванҷ аз соли 1920 то 1924 чун тумани Ванҷ дар ҳайати вилояти Ғарми [[Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро]] ҷой дошт. Солҳои 1925-1926 Ванҷ чун ҷузъи тумани Қалъаихумби вилояти Ғарми ҶМШС Тоҷикистон ҳисоб меёфт. Солҳои 1926-1930 волости Ванҷ дар ҳайати ВМКБ буд. Солҳои 1930-1933 Ванҷ чун қисми ҳудуди ноҳияи Қалъаихумб бевосита дар тобеъияти ҷумҳурӣ буд.
Тибқи Қарори Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон аз 29 майи соли 1933, №46 расман ноҳияи Ванҷ таъсис ёфта, то соли 1937 дар тобеъияти бевоситаи ҷумҳурӣ қарор дошт. Дар асоси Қарори Президиуми КИМ-и Шӯроҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 августи соли 1937, №43 ноҳияи Ванҷ бо ҳамаи деҳшӯроҳояш: Ванҷ, Водхуд, Рованд, Техарв, Жовуд ва Язғулом расман ба ҳайати ҳудудии ВМКБ гузаронида шуд. Бино бар ин, ноҳияи Ванҷ ҳамчун воҳиди маъмурӣ дар ҳайати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 11 августи соли 1937 ташаккул ёфтааст.
{| class="wikitable"
!'''Ҷадвали 2. Таҳаввулоти маъмурию ҳудудии Ванҷ (то соли 1878 – соли 1937)'''
|-
|'''Марҳилаи таърихӣ'''
|'''Мақоми маъмурию ҳудудӣ'''
|'''Тобеияти давлатӣ/минтақавӣ'''
|-
|То соли 1878
|Мухторияти комил / Иттиҳод бо Дарвоз
|Идоракунии мустақил таҳти сарварии шоҳ
|-
|1878-1920
|Амлокдории Қалъаи Ванҷ
|Бекигарии Дарвоз, Аморати Бухоро
|-
|1920-1924
|Тумани Ванҷ
|Вилояти Ғарми Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро
|-
|1925-1926
|Ҷузъи тумани Қалъаихумб
|Вилояти Ғарми ҶМШС Тоҷикистон
|-
|1926-1930
|Волости Ванҷ
|Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
|-
|1930-1933
|Қисми ноҳияи Қалъаихумб
|Тобеияти бевоситаи ҶШС Тоҷикистон
|-
|29 майи 1933
|Ноҳияи Ванҷ (таъсиси мустақил)
|Тобеияти бевоситаи ҶШС Тоҷикистон
|-
|11 августи 1937
|Ноҳияи Ванҷ бо 6 деҳшӯро
|Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ)
|}
Дар нимаи солҳои 1950-ум сиёсати муҳоҷиркунонии аҳолии кӯҳистон ба водиҳои пахтакор ба Ванҷ низ бетаъсир намонд: соли 1954 сокинони водии Язғулом ба ноҳияи Куйбишеви водии Вахш кӯчонида шуданд. Гармои тоқатфарсо, беморшавии оммавӣ ва фавти зиёди кӯдакон ин муҳоҷиратро барои кӯчидагон фоҷиабор гардонд ва бахши зиёди онҳо тадриҷан ба зодгоҳи худ баргаштанд, ҳарчанд на ҳама; як ҷамоаи язғуломизабон то имрӯз дар водии Вахш боқӣ мондааст.<ref name="ref59">[https://iling-ran.ru/web/ru/scipop/blog/1911_edelman Из полевых записей середины прошлого века. Об экспедициях в язгулямский язык в 1950-х гг.] (рус.) // Сомонаи Пажӯҳишгоҳи забоншиносии Академияи илмҳои Русия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="ref60">[http://field-ling.moscow/c/language/yazghulami/ Язгулямский язык] (рус.) // Экспедиции Московской школы полевой лингвистики. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="ref61">Астрономические знания язгулемцев (рус.) // Восток (Oriens). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Осори таърихӣ ==
Дар қаламрави Ванҷ мавзеъ, осор ва ёдгориҳои таърихии бисёр вуҷуд доранд, вале то ҳол таҳқиқоти шоистае дар ин росто анҷом наёфтааст. Тибқи омори соҳаи сайёҳии ВМКБ, дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ ба ҳолати соли 2024 15 ёдгории таърихию фарҳангӣ ба қайд гирифта шудааст.<ref name="ref62">[https://ctd.tj/2024/03/30/%D1%85%D0%B0%D0%B1%D0%B0%D1%80-%D0%B0%D0%B7-%D2%B7%D0%B0%D2%B3%D0%BE%D0%BD-%D0%B0%D0%B7-%D1%82%D0%B0%D0%B1%D0%B8%D0%B0%D1%82-%D0%B1%D0%B0-%D1%81%D0%B0%D0%BD%D1%8A%D0%B0%D1%82%D0%B8-%D0%B8%D0%BD/ Аз табиат ба санъати инсонӣ: 7 муъҷизаи нави ҷаҳонӣ номида шуд] // Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30 марти 2024. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Барои дарки мантиқи ҷойгиршавӣ ва моҳияти ин осор, бояд заминаи таърихию сиёсии ташаккули онҳоро дарк намуд. Бино бар маълумоти таърихномаҳои асримиёнагӣ, дар садаҳои VII-VIII қаламрави кунунии Ванҷ ҷузъи вилояти таърихии Кумед буд, ки болооби дарёи Вахшро фаро гирифта, сарзамини имрӯзаи ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ва шимоли Бадахшонро дар бар мегирифт.<ref name="ref63">[[Таърихи Тоҷикистон]] // Википедиа. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Баъдтар, дар асрҳои миёна, Ванҷу Дарвоз як сарзамини воҳидро ташкил дода, бо номи ''«Курон»'' ёд мешуданд, ки маркази он деҳаи кунунии Кеврон будааст.<ref name="ref64">Таърихи шаҳр // Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Маҳз дар ин заминаи қадимии сиёсӣ, ки бо мустақилияти нисбии маҳаллӣ ва хатари доимии ҳуҷумҳои беруна тавсиф мешуд, эҳтиёҷ ба бунёди қалъаҳои мустаҳкам ба миён омад.
Пеш аз тавсифи муфассали Мушкетов, қадимтарин шаҳодати мустанади русиро дар бораи ин қалъа низ капитан Кузнецов дар гузориши соли 1892-и худ сабт кардааст. Ӯ зимни тавсифи амлокдории Ванҷ чунин навиштааст:
''«Ванчское амилякдарство расположено по р. Ванчъ и частью по правому берегу р. Пянджъ. Мѣстопребываніе амилякдара кишлакъ Кала-и-Рохарвъ (на нашихъ картахъ Кала-и-Ванчъ); имѣется небольшая крѣпостца.»''
Тарҷума: ''«Амлокдории Ванҷ дар канори дарёи Ванҷ ва қисман дар соҳили рости дарёи Панҷ ҷойгир аст. Маҳалли иқомати амлокдор рустои Қалъаи Рохарв аст (дар харитаҳои мо — Қалъаи Ванҷ); дар он қалъачаи хурде мавҷуд аст»''.<ref name="ref65">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 79.</ref>
Ин иттилои Кузнецов, ки бисту се сол пеш аз тавсифи муфассали Мушкетов сабт шудааст, собит месозад, ки номи ''«Қалъаи Ванҷ»'' барои Рохарв аллакай дар харитаҳои расмии охири асри XIX ба кор мерафт ва Рохарв аз ҳамон замон ҳамчун маркази маъмурии амлокдории Ванҷ шинохта мешуд.
Қалъаи Ванҷ дар баландии соҳили рости Ванҷоб, дар масофаи 15 км аз резишгоҳи он ба дарёи Панҷ воқеъ гашта буд. Мавқеъияти ин қалъа аз нигоҳи ҳарбию стратегӣ бисёр созгор будааст ва ба муҳофизонаш имкон медодааст, ки муддати тӯлонӣ аз худ дифоъ кунанд. Тавсифи илмии Рохарв ва қалъаи онро ҳанӯз соли 1916 узви Ҷамъияти ҷуғрофии Русия Д. И. Мушкетов интишор додааст.<ref name="ref5" /> Дар мақолаи худ, ки натиҷаи боздиди шахсии ӯст, Мушкетов мавқеи стратегии Рохарвро чунин тавсиф кардааст:
''«Административнымъ центромъ Ванча всегда былъ и есть базарный кишлакъ Рохаръ (или Рохарвъ) въ 40 дворовъ, расположенный на правомъ берегу рѣки, въ двадцати верстахъ выше ея устья, на высотѣ 5.950 футъ, у моста, ведущаго къ перевалу Гушхонъ, запирая собой, слѣдовательно, единственный конный путь на Язгулемъ, Рошанъ и Памиръ. Это важное стратегическое положеніе и было использовано древними '<nowiki/>'''правителями Ванча – «Шо», воздвигнувшими здѣсь крѣпость (Кала-и-Ванчъ) и избравшими ее для своей резиденціи.»'''''
Тарҷума: ''«Маркази маъмурии Ванҷ ҳамеша рустои бозории Рохар (ё Рохарв) буд ва то ҳол ҳамин аст – бо 40 хонавода, дар соҳили рости дарё, дар бисту версти болотар аз резишгоҳи он, дар баландии 5950 қадам, назди пуле, ки ба ағбаи Гушхон мебарад, ва бо ин васила ягона роҳи аспсаворро ба Язғулом, Рӯшон ва Помир мебандад. Маҳз ҳамин мавқеи муҳими стратегӣ буд, ки ҳокимони қадимии Ванҷ – «Шоҳ»-ҳо – истифода бурда, дар ин ҷо қалъа (Қалъаи Ванҷ) бино карданд ва онро барои худ қароргоҳ интихоб намуданд»''.<ref name="ref66">Мушкетов Д. И. Рохаръ (Кала-и-Ванчъ). --- Петроградъ: Типографія М. М. Стасюлевича, 1916. --- (Отдѣльный оттискъ изъ тома LII (1916 г.) Извѣстій Императорскаго Русскаго Географическаго Общества № 876). --- С. 7.</ref> Мушкетов инчунин интихоби маҳалли қалъаро аз нигоҳи амниятӣ шарҳ додааст:
''«Мѣсто выбрано весьма хорошо и удобно, на возвышеніи, съ котораго открытый видъ во всѣ стороны, и долина Ванча, какъ на ладони; рѣка отъ стѣнъ крѣпости въ 3 қулочяхъ, но для обезпеченности водоснабженія имѣлся къ ней подземный ходъ; невдалекѣ, на луговинѣ у рѣки, имѣется прудикъ, наполняемый ключемъ теплой, солоноватой воды, предоставляющій идеальное купанье.»''
Тарҷума: ''«Ҷой хеле хуб ва мувофиқ интихоб шудааст, дар баландие, ки аз он манзараи кушода ҳар тараф дида мешавад ва тамоми водии Ванҷ мисли кафи даст намоён аст; дарё аз деворҳои қалъа дар масофаи 3 қулочӣ ҷой дорад, вале барои таъмини бехатари обтаъминкунӣ роҳи зеризаминӣ ба он вуҷуд дошт; дар наздикӣ, дар марғзори лаби дарё, ҳавзчае ҳаст, ки аз чашмаи оби гарму намакини он пур мешавад ва барои шиноварии беҳамто мувофиқ аст»''.<ref name="ref66" /> Дар бораи сохти худи қалъа Мушкетов навиштааст:
''«Постройка, конечно, глинобитная, но довольно массивная, со стѣнами до 4 қулочей высотой, обнесенными съ трехъ сторонъ рвомъ, съ бойницами и пятью угловыми башнями. Внутреннія перегородки частью деревянныя, равно какъ и колонны, балки и двери, тонкой, старинной рѣзной работы.»''
Тарҷума: ''«Бино, албатта, гилину похсагин, валекин бисёр мустаҳкаму матин аст, бо деворҳои баланди чаҳорқулоча, ки аз се сӯйи он, хандақе бар гирди он кандаанд, бо тиркашҳову бурҷҳои панҷгонаи кунҷӣ. Деворҳои миёнгини дохилӣ, қисман, чӯбинанд, ҳамчунин, сутунҳову болорҳову дарҳои он, ки бо кандакории нафису куҳан оростаанд»''.<ref name="ref66" />
Мушкетов санаи боздиди худ ва оғози кашидани нақшаи қалъаро низ қайд кардааст: ''«Многое уже разрушено (мое посѣщеніе относится къ 11 іюля 1905 г.), но общее расположеніе еще сохранилось и я, пользуясь обстоятельными поясненіями почтеннаго шейха-токсабы Ванча, снялъ планъ всей крѣпости»'' (тарҷума: ''«Бисёр чиз аллакай хароб шудааст (боздиди ман ба 11 июли соли 1905 рост меояд), вале тартиби умумӣ то ҳол нигоҳ дошта шудааст ва ман, бо истифода аз тавзеҳоти муфассали шайх-тӯксабои эҳтиромноки Ванҷ, нақшаи тамоми қалъаро кашидам»'').<ref name="ref66" />
Нақшаи қалъа, ки Мушкетов кашидааст, 27 ҳуҷраву қисми қалъаро бо рақам нишон медиҳад, ки шарҳи онҳо чунин аст:<ref name="ref66" />
Ур - обдорхона
Дарвозахона – ҳуҷраи нигаҳбонону дарбонон
Ҳуҷраи навкарҳо
Бадарравхона – ҳоҷатхона
Долон – ҳавлии аспҳо
Ахтахона – оғилхона, ва болои он анборхонаи алаф
Пештоқ – гузаргоҳи пӯшида
Фаррошхона – ҳуҷраи сайисон
Пештоқи дуюм (баландии 3 қулоч)
Гулгунхона – ҳуҷраи пазириши меҳмонон
Ҳуҷраи худи шоҳ
Қӯрғон – сарбозхона (харобшуда)
Ғуломгардиш – долони мамониаткунандаи дидани занони дар боғ гардандагӣ
Ошхона – ошхона
Роҳрав – долон
Ғуломгард – гузаргоҳ ба қисми занона
Хазина – ҳуҷраи хазинадорӣ
Ҳаммом – ҳаммом
Пештоқи занона
Ҳуҷраи зани шоҳ – тобистона
Ҳуҷраи зани шоҳ – зимистона
Тӯпхона – манора
Рӯйи ҳавлӣ – ҳавлии пӯшида
Ҳарам (харобшуда)
Анборхона (болои ҳуҷраи 16)
Манора – ҳоло ҳуҷраи меҳмонон – меҳмонхона
Оғози роҳи зеризаминӣ ба сӯи дарё
Дар масофаи як версти болотари Рохар, дар канори роҳ, Мушкетов ду гӯри қадимиро низ ба қайд гирифтааст: ''«Въ верстѣ выше Рохара по долинѣ, около дороги, двѣ древнихъ гробницы съ фигурными стѣнами, имѣющими какое-то отношеніе къ крѣпости; интересно, что на могильномъ шестѣ, помимо обычныхъ куска матеріи и конскаго хвоста (на боковой перекладинѣ), сверху помѣщены изображенія сложенной руки (ладони) и голубя»'' (тарҷума: ''«Дар як версти болотар аз Рохар, дар паҳлӯи роҳ, ду гӯри қадимӣ бо деворҳои нақшдор ҳастанд, ки бо қалъа алоқаи муайяне доранд; ҷолиб ин аст, ки бар болои чӯби қабр, ба ғайр аз пораи матоъ ва думи асп (дар чӯби паҳлӯӣ)-и маъмулӣ, тасвири дасти гирдкардашуда (кафи даст) ва кабутар низ гузошта шудааст»'').<ref name="ref66" />
Ба ғайр аз ин, Мушкетов дар поварақи худ ёдовар шудааст, ки ягона роҳи воридшавӣ ба водӣ аз тарафи Панҷ низ бо қалъаи хурди дигаре мустаҳкам карда шуда буд: ''«Этотъ единственный выходъ кромѣ того очень искусно былъ загражденъ небольшой крѣпостцей, остатки которой еще видны на изолированномъ холмѣ въ устьѣ Ванча»'' (тарҷума: ''«Ин ягона баромадгоҳ аст, илова бар ин, хеле моҳирона бо қалъачаи хурде масдуд шуда буд, ки бақоёи он то ҳанӯз дар теппаи ҷудоуфтодаи резишгоҳи Ванҷ ҳувайдоанд»'').<ref name="ref67">Мушкетов Д. И. Рохаръ (Кала-и-Ванчъ). --- Петроградъ, 1916. --- Тавзеҳот, №4.</ref>
Тибқи мушоҳидаи ӯ, қалъа бевосита дар масири корвонрав ба сӯи ағбаи Гишхун қарор дошт, ки тавассути он роҳи корвонӣ ба водии Язғулом ва аз он ҷо ба самти баландкӯҳҳои Помир мерасид.<ref name="ref68">[https://poxod.ru/guidebook/darvaz/p_darvaz_dolinarekivagdm_a.html Долина реки Ванч] // Свободный туризм (poxod.ru). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Пеш аз он ки Мушкетов худ соли 1905 аз қалъа боздид кунад, тавсифи мухтасартаре аз он – тахминан 13 сол пештар – аллакай ба қалами А. А. Семёнов тааллуқ дошт, ки соли 1898 шахсан аз қалъа дидан кардааст:
''«Въ низовьи р. Ванджа лежитъ самый значительный кишлакъ долины, Кал'аи-Ванджъ, или Кал'аи-Рохарвъ (крѣпость Ванджа, крѣпость Рохарвъ). Укрѣпленіе въ немъ до сихъ поръ на обрывистомъ берегу довольно хорошо сохранилось. Стѣны крѣпости–мѣстами глинобитныя, мѣстами сложены изъ кирпичей и камней. По бокамъ лицевой стороны крѣпости–двѣ полуразрушенныхъ зубчатыхъ башни.»''
Тарҷума: ''«Дар поёноби рӯди Ванҷ бузургтарин рустои водӣ ҷойгир аст – Қалъаи Ванҷ, ё Қалъаи Рохарв (қалъаи Ванҷ, қалъаи Рохарв). Истеҳкоми он то ба имрӯз дар соҳили баланди дарё нисбатан хуб нигоҳ дошта шудааст. Деворҳои қалъа ҷо-ҷо аз гил, ҷо-ҷо аз хишти пухтаву санг сохта шудаанд. Аз ду тарафи рӯи қалъа ду манораи нимвайрони дандонадор қарор доранд»''.<ref name="ref69">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 8.</ref> Муҳимтар аз ҳама, Семёнов санаи тахминии бунёди қалъа ва номи бинокори онро сабт кардааст – маълумоте, ки то кунун дар ягон манбаи дигари дастраси мақола наомадааст:
''«Крѣпость, по преданію, была построена лѣтъ двѣсти тому назадъ дарвазскимъ ханомъ, Азиз-Ханомъ, и, вѣроятно, не разъ служила хорошую службу ея защитникамъ во времена независимаго Дарваза. Теперь въ ней живетъ амлякдаръ (начальникъ округа) долины Вандж.»''
Тарҷума: ''«Қалъа, тибқи ривоят, тахминан дусад сол пеш аз ҷониби хони дарвозӣ – Азиз-Хон – бино ёфтааст ва эҳтимол, борҳо ба муҳофизони худ дар давраи истиқлолияти Дарвоз хидмати шоиста кардааст. Ҳоло дар он амлокдор (сарвари ноҳия, яъне шоҳ)-и водии Ванҷ зиндагӣ мекунад»''.<ref name="ref70">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 8--9.</ref> Азбаски китоб соли 1903 нашр шуда ва мушоҳидаи муаллиф соли 1898 сурат гирифтааст, ин ривоят санаи бунёди қалъаро тахминан ба солҳои 1698-1700 рабт медиҳад.
Ин ривояти Семёнов дар бораи Азизхон, ки то ҳол дар баъзе сарчашмаҳо такрор мешавад, аз нигоҳи муосир асоси устувори таърихӣ надорад: дар рӯйхати мукаммали шоҳони Дарвоз, ки намояндаи расмии идораи Русия дар Туркистон Г. А. Арандаренко дар мақолаи худ ''«Дарваз и Каратегин»'' (1883) овардааст, ягон шоҳе бо номи Азизхон сабт нашудааст.<ref name="ref2072">Арандаренко Г. А. Дарваз и Каратегин // Военный сборник. — 1883. — № 11–12.</ref> Тибқи ин рӯйхат, силсилаи шоҳони Дарвоз аз Шоғариб (то соли 1637) оғоз гардида, тавассути Шоқирғиз (1637–1668), Маҳмудшо (1668–1729), Танаи Фӯзашо (1729–1734), Муҳаммадхоншо (1734–1762), Мизробшои аввал (1762–1778), Шоидарвози I (1787–1788), Мансурхон (1788–1797), Шотурк (1797–1803), Мизробшои сонӣ (1803–1806), Султони Кучак (1806–1815), Шоиброимхон (1815–1828), Султон Маҳмудшо (1829–1838), Шоаҳмад (1839–1842), Исмоилшо (1842–1859), Иброҳимшо (1861–1863) ва Шоидарвози II (1863–1868) то Сироҷуддиншо (1868–1878) идома ёфтааст.<ref name="ref2072" />
Бар асоси таҳқиқоти муосир, эҳтимоли бештар меравад, ки Қалъаи Ванҷ на дар аҳди хони номаълуми ривоятӣ, балки дар аҳди Шайбонихониён бунёд гардидааст. Шоқирғиз, ки аз соли 1637 то 1668 ҳукмронӣ кардааст, фарзанди Абдуллоҳхони II-и Шайбонӣ буда, баъди забти Бадахшон дар соли 1584, волии Дарвоз гардида, Қалъаи Хумбро пойтахти худ қарор дода буд;<ref name="ref2072" /> тибқи ин назария, эҳтимол дорад, ки Қалъаи Ванҷ низ ҳамчун истеҳкоми мудофиавӣ маҳз дар ҳамин давра сохта шуда бошад.
Дар давраи баъдина, вақте ки минтақа таҳти назорати Аморати Бухоро қарор гирифт, Қалъаи Ванҷ нақши муҳими низомии худро идома дод. Тибқи китоби сайёҳи бритониёӣ Ангус Гамильтон ''«Афғонистон»'' (1908), дар охири асри XIX ва аввали асри XX дар қалъа 300 навкари артиши миллии амири Бухоро ҷойгир карда шуда буданд:
''«В крепости Ванч было раньше расположено 300 человек из национальной армия эмира бухарского; из такого же отряда состоял гарнизон Каляи-Вамар, а в Каляи-Хум стоял целый бухарский полк.»''
Тарҷума: ''«Дар қалъаи Ванҷ пештар 300 нафар аз артиши миллии амири бухороӣ ҷойгир буда, гарнизони Қалъаи Вамар низ аз чунин дастаи мисли ҳамин иборат буд, дар Қалъаи Хум бошад, як полки бутуни бухороӣ истода буд»''.<ref name="ref2082">Гамильтон А. Афганистан / пер. С. П. Голубинова. — СПб., 1908.</ref>
Семёнов инчунин ду навиштаи девории қалъаро айнан нусхабардорӣ кардааст: як байти форсӣ дар бораи гардиши бераҳмонаи рӯзгор, ва як ёдгории русии сайёҳони соли 1896 – ''«Прибылъ разъѣздъ 25 числа августа за старшаго общивкй Яковъ. Черновъ. и джигить Николай Каплун и перевочикъ Ашурбай. 1896 года»'' (тарҷума: ''«Гурӯҳи саворагон 25 августи соли 1896 омаданд: сардор Яков Чернов, ҷигит Николай Каплун ва тарҷумон Ашурбой»'').<ref name="ref70" />
Гумон меравад, ки дар тамоми ҳавзаҳои Бадахшон сукунати одамон ба як давраи таърихӣ мансуб будааст. Ёдгориҳои манзилӣ ва меъмориву мудофеавии асримиёнагии ғарби Бадахшон, ки дар деҳаи Баравни ҷамоати деҳоти Водхуд воқеанд ва аз ҷиҳати амнияти ҳарбӣ бисёр муносибу побарҷоянд, бо камоли таассуф, то кунун таҳқиқи шоиста нашудаанд.
Нақшу нигораҳои рӯйи харсангҳои водии Язғулом, ки дар деҳаҳои Жамаг, Андарбоғ ва Мотравн ба даст омадаанд, агарчи ҳанӯз комилан омӯхта нашудаанд, гувоҳи муътамаде аз ҳузури мардум ва сукунати онон аз замонҳои бостонӣ дар ин минтақа ҳастанд. Дар байни ин сангнигораҳо, ки ба навъи умумии петроглифҳои Помиру Бадахшон шабоҳат доранд, тасвири нахчир (бузи кӯҳӣ бо шохҳои калон), саҳнаҳои шикор бо камон, рамзҳои офтобӣ ва изи дасту пойи инсон бештар вомехӯранд; дар мифологияи мардумони эронитабор бузи кӯҳӣ рамзи покиву ҳосилхезӣ ва иртибот бо олами боло дониста мешавад.<ref name="ref62" />
Дар қаламрави Ванҷ, ба монанди дигар минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон, сағонаҳо ва дахмаҳои сангии куҳан низ аз насл ба насл боқӣ мондаанд, ки далели ошкори таърихи чандҳазорсолаи ин сарзамин мебошанд. Чунин иншооти дафнӣ, ки дар ҷойҳои махсуси сангӣ, дар баландиҳо ё ғорҳо бунёд меёфтанд, эҳтимолан боқимондаи анъанаҳои дафнии пешазисломӣ мебошанд; тибқи баъзе оинҳои қадими маҳаллӣ (аз ҷумла эътиқодоти наздик ба дини зардуштӣ), ҷасади фавтида набояд бо унсурҳои муқаддаси табиат – хок, об ё оташ – тамос мегирифт.<ref name="ref62" /> Ҳарчанд имрӯз тамоми аҳолии ноҳия мусулмони суннии ҳанафимазҳабанд ва расму оини дафни исломиро ба таври қатъӣ риоя мекунанд, мавҷудияти ин сағонаву дахмаҳо аз як давраи гузариши тӯлонии фарҳангӣ ва қабатҳои гуногуни динию эътиқодӣ дар минтақа хабар медиҳад.
Ёдгориҳои бостонии Помири Ғарбӣ, аз ҷумла мавзеъҳои қаламрави Ванҷ, дар силсилаи бунёдии ''«Харитаи бостоншиносии Тоҷикистон»'' – муҷаллади марбут ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки бостоншинос М. А. Бубнова таълиф намудааст ва ёдгориҳои давраи сангро то садаи XX фаро мегирад, – ба қайд гирифта шудаанд.<ref name="ref71">Бубнова М. А. Горно-Бадахшанская автономная область. Западный Памир (памятники каменного века --- XX в.). --- Душанбе, 2008. --- (Археологическая карта Таджикистана).</ref>
Илова бар ёдгориҳои меъморӣ ва дафнӣ, мероси беназири саноатии Ванҷ – боқимондаҳои кӯраҳои қадимии оҳангудозӣ (домнитсаҳо) – низ бахши муҳими осори таърихии ноҳия ба шумор мераванд. Тибқи маълумоти иқтисоддон И. Е. Ходоров, ки соли 1929 таҳлилҳои М. С. Андреевро дар бораи ин ҳунар тасдиқ ва иқтибос овардааст, дар боварҳои мардумии ванҷиён металли ҳосили ин кӯраҳо на танҳо арзиши истеҳсолӣ, балки хосияти шифобахш низ дошт: маҳсули онро ''«барои табобати ҳар гуна бемориҳо пешбинӣ карда, ба ҷойи дардманд мегузоштанд»''.<ref name="ref53" /> Ин боварҳо нишон медиҳанд, ки осори саноатии Ванҷ бо мероси ғайримоддӣ ва эътиқодоти мардумӣ пайванди зич доштааст, ва имрӯз боқимондаҳои ин кӯраҳо, харобаҳои коргоҳҳо ва партовҳои маъданӣ (шлакҳо) дар дараҳои Ванҷ метавонанд ҳамчун мавзеи нодири ''«бостоншиносии саноатӣ»'' мавриди пажӯҳиши минбаъда қарор гиранд.
Сарчашмаи аввалини сабти илмии ин ҳунар – 23 сол пеш аз рисолаи Андреев (1926) – низ ба Семёнов тааллуқ дорад:
''«Богатыя залежи желѣзной руды въ верховьяхъ р. Ванджа даютъ горцамъ Ванджской долины неисчерпаемый матеріалъ для различнаго рода желѣзныхъ издѣлій, которыя удовлетворяютъ самымъ разнообразнымъ требованіямъ домашняго обихода горныхъ таджиковъ и потому расходятся изъ этой огромной кузницы, какова долина Ванджа, по всему Дарвазу, Каратегину и Язгуляну, проникая даже въ отдаленные и трудно достижимые уголки Рошана, Шугнана и Вахана.»''
Тарҷума: ''«Захираҳои фаровони маъдани оҳан дар болооби рӯди Ванҷ ба кӯҳистониёни водии Ванҷ маводи беохири намудҳои гуногуни маснуъоти оҳанӣ медиҳанд, ки эҳтиёҷоти гуногуни рӯзгори тоҷикони кӯҳӣ қонеъ мегардонанд ва аз ин кӯрахонаи азим, яъне водии Ванҷ, ба тамоми Дарвозу Қаротегину Язғулом паҳн мешаванд, ҳатто ба гӯшаҳои дурдасту дастнораси Рӯшону Шуғнону Вахон низ ворид мегарданд»''.<ref name="ref72">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 62.</ref>
Семёнов инчунин номи мушаххаси деҳаеро сабт кардааст, ки дар он раванди коркарди оҳанро шахсан мушоҳида намудааст: ''«Самый способъ добыванія желѣза намъ пришлось наблюдать во кишлакѣ Сытаргъ, на Ванджѣ»'' (тарҷума: ''«Худи усули истихроҷи оҳанро мо тавонистем дар рустои Старғ, дар Ванҷ, мушоҳида кунем»'').<ref name="ref72" /> Ӯ ҳамчунин тавсифи мубодилаи тиҷоратии маснуоти оҳании Ванҷро бо минтақаҳои ҳамсоя овардааст: ''«Эти издѣлія находять большой сбыть на рынкахъ Кал'аи-Хума и въ сосѣднихъ долинахъ: Язгуляна и Оби-Хингоу, причемъ продажа на деньги совершается очень рѣдко; обыкновенно вещи мѣняются на тѣ, которыя необходимы таджикамъ Ванджа»'' (тарҷума: ''«Ин маснуъот дар бозорҳои Қалъаи Хум ва водиҳои ҳамсоя – Язғулому Оби Хингов – фурӯши хубе меёбанд, вале фурӯш ба пул хеле кам сурат мегирад; одатан молҳо ба он чизҳое иваз мешаванд, ки барои тоҷикони Ванҷ зарур аст»'').<ref name="ref73">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 64.</ref>
=== Кофарсилохи Ғҷовас ===
Дар қаламрави ноҳия, дар мавзеи Ғҷовас, маҳалли бостонии Кофарсилох ҷой дорад, ки аҳамияти таърихию бостоншиносии он то ҳол ба таври илмӣ омӯхта нашудааст.<ref name="ref2162">"КОФАРСИЛОХИ ҒҶОВАС" (маводи таърихӣ-фарҳангӣ, аз Анҷумани Ванҷ).</ref> Тибқи ривояти сокинони маҳаллӣ, чунин маконҳо, ки бо номи умумии ''«Кофарсилох»'' маъруфанд, дар чандин мавзеи дигари Ванҷ низ ба назар мерасанд, вале бар асари селу тармарезиҳои даврӣ қисми зиёди онҳо пӯшида ва ноаён гардидаанд.<ref name="ref2162" /> Худи истилоҳи ''«Кофарсилох»'' шаҳодат медиҳад, ки маҳаллан ин макон бо давраи пеш аз ислом – эҳтимолан бо пайравони динҳои қадимаи маҳаллӣ – алоқаманд дониста мешавад. Сокинони маҳаллӣ таъкид мекунанд, ки ин мавзеъ то ҳол мавриди ҳафриёти бостоншиносӣ қарор нагирифтааст ва бо ин сабаб моҳияти дақиқи таърихии он номаълум боқӣ мемонад.<ref name="ref2162" />
=== Сағонаи Рави Тор ===
Дигар мавзеи таърихии қаламрави Ванҷ Сағонаи Рави Тор аст, ки дар он харобаҳои деворҳои деҳаи аз байн рафтае боқӣ мондаанд.<ref name="ref2172">"САҒУНАИ РАВИ ТОР" (маводи таърихӣ, аз Анҷумани Ванҷ).</ref> Тибқи иттилои сокинони маҳаллӣ, харобаҳои Рави Тор то солҳои наздик вуҷуд доштанд, вале маълумоти дақиқ дар бораи он ки аҳолии ин деҳа кай дар он ҷо зиндагӣ мекарданд ва кай онро тарк намуданд, то кунун ба таври мустанад муайян нашудааст.<ref name="ref2172" /> Мавҷудияти харобаҳои сангину гилини хонаву девор дар ин мавзеъ гувоҳи он аст, ки дар гузашта дар ин минтақа фарҳанги нисбатан баланди меъморӣ вуҷуд дошта, сокинон бо истифода аз масолеҳи маҳаллӣ – санг ва гил – иншооти устувор бунёд мекарданд. Маводи шифоҳие, ки тавассути сокинони пиронсоли маҳал аз насл ба насл нақл мешавад, то ҳол ягона сарчашмаи маълумот дар бораи ин мавзеи таърихӣ боқӣ мемонад.<ref name="ref2172" />
== Мардум ==
Аксарияти аҳолии ноҳия тоҷиконанд; инчунин теъдоди ангуштшумори русҳо ва намояндагони халқҳои дигар низ зиндагӣ мекунанд. Аҳолии ноҳия аз рӯи диёнат мусулмони суннии ҳанафимазҳабанд.<ref name="ref1" />
Мардумшиноси рус Л. Ф. Моногарова дар пажӯҳиши бунёдии худ доир ба таркиби қавмии ВМКБ, дар бораи гузаштаи қавмии ванҷиён чунин навиштааст:
''«В прошлом из припамирских народностей наиболее тесно соприкасались с горными таджиками ванчцы (правильнее ванджи), коренное население долины р. Ванч (Вандж), входившей в Бухарский эмират. Духовенство эмирата проводило насильственное обращение в суннизм всех, исповедовавших другую религию. Под влиянием суннитской идеологии у ванчцев изменились общественные и семейные взаимоотношения, моральные нормы, бытовой уклад в целом. Постепенное экономическое и культурное сближение ванчцев с таджиками привело к утрате ванчцами своего родного языка, замене его таджикским (ванчским или ванджским говором таджикского языка), а в конечном итоге к слиянию ванчцев с таджиками. Население остальных районов республики считает ванчцев таджиками. «Судя по некоторым признакам, „ванджский язык“, входя в северную подгруппу памирских языков, наиболее тесно примыкал к язгулемскому языку» [32, 131].»''
Тарҷума: ''«Дар гузашта, аз миёни халқиятҳои помирӣ, ванҷиён (дурусттараш — ванҷӣ), аҳолии бумии водии дарёи Ванҷ (Вандж), ки ҷузъи аморати Бухоро буд, бештар аз ҳама бо тоҷикони кӯҳистонӣ дар тамос буданд. Рӯҳониёни аморат нисбат ба ҳамаи пайравони дигар эътиқодҳо табдили ҷабрии мазҳаби суннӣ мегузарониданд. Таҳти таъсири мазҳаби суннӣ дар байни ванҷиён муносибатҳои ҷамъиятиву оилавӣ, меъёрҳои ахлоқӣ ва тарзи зиндагӣ дар маҷмуъ тағйир ёфтанд. Наздикшавии тадриҷии иқтисодиву фарҳангии ванҷиён бо тоҷикон боиси аз даст рафтани забони модарии ванҷиён гардид: он бо забони тоҷикӣ (гӯиши ванҷии забони тоҷикӣ) иваз шуд ва дар ниҳоят ба омезиши ванҷиён бо тоҷикон анҷомид. Аҳолии дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ ванҷиёнро тоҷик мешуморанд. «Бино бар баъзе аломатҳо, „забони ванҷӣ“, ки ба зершохаи шимолии забонҳои помирӣ дохил мешуд, аз ҳама наздиктар ба забони язғуломӣ буд» [32, 131].»''.<ref name="ref74">Моногарова Л. Ф. Этнический состав и этнические процессы в Горно-Бадахшанской автономной области Таджикской ССР // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 185–186.</ref>
Дар бораи мазорҳои муқаддаси эҳтиромшавандаи Ванҷ дар охири асри XIX, капитан Кузнецов чунин сабт кардааст:
''«Населеніе Дарвоза не отличается особой набожностью и имѣетъ весьма малое число молитвенныхъ домовъ–мечетей, по за то въ Дарвозѣ есть нѣсколько могилъ святыхъ, весьма почитаемыхъ жителями. Наибольшимъ почитаніемъ отличаются могилы: Хазретъ-и-Бурхъ на р. оби-Мазаръ, Пой-Мазаръ-Хазретъ-Садыръ-Сеибъ въ верховьяхъ р. Ванчъ и Ходжа-и-Миратбашъ-Султанъ-Сеидъ на сѣверномъ склонѣ Дарвозскихъ горъ, противъ кишлака Кальпъ.»''
Тарҷума: ''«Аҳолии Дарвоз бо диндории хосае фарқ намекунад ва шумораи хонаҳои ибодат — масҷидҳо — дар он хеле кам аст, вале дар ивазаш, дар Дарвоз якчанд мазори авлиё ҳаст, ки сокинон онҳоро сахт эҳтиром мекунанд. Бештарин эҳтиромро мазорҳои зерин доранд: Ҳазрати Бурх дар канори дарёи оби-Мазор, дар Пойи Мазор - ҳазрати Садр-соҳиб дар болооби дарёи Ванҷ ва Хоҷаи Муродбошӣ Султонсаъид дар нишеби шимолии кӯҳҳои Дарвоз, рӯ ба рӯи рустои Калп»''.<ref name="ref75">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 65.</ref>
Бар асоси омори саршумории саросарии [[Иттиҳоди Шӯравӣ]] аз соли 1939, аҳолии Ванҷ 9218 нафар буд: 9031 нафарашон ванҷиёни бумӣ, 134 нафар – рус, 6 нафар – тотор, 5 нафар – узбак ва 1 нафар – қазоқ.<ref name="ref76">Всесоюзная перепись населения 1939 года. Национальный состав населения районов, городов и крупных сёл союзных республик СССР: Ванчский район (рус.) // Демоскоп Weekly. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Бино ба омори соли 1979 аҳолии Ванҷ 15 855 нафар ва тибқи омори 1992 – 22 700 нафарро ташкил медод. Тибқи маълумоти расмӣ, соли 2009 дар ноҳия 30 700 нафар зиндагӣ мекард ва тамоми аҳолии он деҳотист.<ref name="ref3" /> Тибқи омори соли 2024 аҳолии Ванҷ ба 35 400 нафар расид. Бар асоси муқоисаи ин ду омор метавон чунин натиҷагирӣ кард, ки тайи 85 сол суръати миёнаи афзоиши солонаи аҳолии Ванҷ тақрибан 1,6 % будааст. Мардуми водии Язғулом ҳиссаи назарраси аҳолии ноҳияро ташкил медиҳанд.
Азбаски беш аз 90 дарсади масоҳати умумии ноҳия (4430,5 км²)-ро лозурҳо, қуллаҳои баландкӯҳ ва нишебиҳои санглохи корношоям фаро мегиранд, зичии расмии аҳолӣ (тақрибан 7,7-8 нафар дар як километри мураббаъ) манзараи воқеии ҷойгиршавии аҳолиро пурра инъикос намекунад – амалан тамоми сокинон дар як рахи танги қад-қади дарёҳои Ванҷобу Язғулом мутамарказ шудаанд.<ref name="ref3" /> Ин номутаносибии шадид миёни рушди табиии аҳолӣ ва маҳдудияти мутлақи заминҳои корам (соли 2012 ҳамагӣ 1381 гектар, баъдан бо азхудкунии заминҳои нав ба 2601 гектар расида)<ref name="ref3" /> яке аз сабабҳои асосии муҳоҷирати меҳнатии ноҳия маҳсуб мешавад (ниг. бахши ''«Муҳоҷирати меҳнатӣ»'').
{| class="wikitable"
!'''Ҷадвали 3. Динамикаи шумораи аҳолӣ (ҳазор нафар), 1939-2013'''
|-
|'''сол'''
|'''1939'''
|'''1979'''
|'''1992'''
|'''1995'''
|'''2000'''
|'''2002'''
|'''2003'''
|'''2004'''
|'''2005'''
|'''2006'''
|'''2007'''
|'''2008'''
|'''2009'''
|'''2011'''
|'''2012'''
|'''2013'''
|-
|шумора
|9,2
|15,9
|22,7
|28,4<ref name="ref47" />
|28,5<ref name="ref47" />
|28,3<ref name="ref47" />
|29,9<ref name="ref47" />
|30,1<ref name="ref47" />
|28,8<ref name="ref47" />
|30,3<ref name="ref47" />
|33,4<ref name="ref47" />
|29,7<ref name="ref47" />
|30,7<ref name="ref3" />
|30,8
|31,1
|31,3
|}
{| class="wikitable"
!'''Ҷадвали 4. Динамикаи шумораи аҳолӣ (ҳазор нафар), 2014-2024'''
|-
|'''сол'''
|'''2014'''
|'''2015'''
|'''2016'''
|'''2017'''
|'''2018'''
|'''2019'''
|'''2020'''
|'''2021'''
|'''2022'''
|'''2023'''
|'''2024'''
|-
|шумора
|31,7
|31,9
|32,4
|32,9
|33,6<ref name="ref77">Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2019 года. Сообщение Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан (рус.).</ref>
|34,1<ref name="ref77" />
|34,4<ref name="ref78">Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2020 года (рус.) // Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
|34,1
|34,4
|35,1
|35,4
|}
Барои солҳои 1995-2008 омори мазкур (арзиши ''«умумӣ»'', яъне аҳолии доимии сабтшуда) бар асоси таҳлили муфассали демографии Р. Масов ва Ҳ. Пирумшоев дар ''«Файзи истиқлол дар "Боми ҷаҳон"»'' (Душанбе, 2011, саҳ. 362-363) илова карда шуд. Барои солҳои 1992 ва 2009 бошад, бо мақсади нигоҳ доштани пайдарпаии рақамҳои аллакай сабтшуда аз сомонаи расмии badakhshon.tj, арзиши аслии қаблӣ боқӣ монд.
Дар тавсифи хислатҳои зоҳирию ботинии сокинони Ванҷ, аъзои экспедитсияи илмии Академияи илмҳои СССР ба Помир (солҳои 1928-1933) чунин навиштаанд: ''«Тоҷикони муқими Ванҷ як қавми ободнишини дорои фарҳанги куҳан астанд. Онҳо бо пешонии баланд, риши сиёҳи анбӯҳ ва нигоҳи амиқи андешаманд мутамоизанд. Ин наҷобати зоҳирӣ бо сиришти ахлоқи ботинии тоҷикон созгор аст. Онон як ишораи хеле зебо доранд: ҳангоми сипосгузорӣ кардан, дасти худро болои сар мебардоранд.»<ref name="ref2062">Крыленко Н. В., Щербаков Д. И., Марков К. К. Пять лет по Памиру (Итоги памирских экспедиций 1928, 1929, 1931, 1932, 1933 гг.). — Москва—Ленинград: Издательство Академии наук СССР, 1935. — С. 20–21.</ref> Зикри чунин хислатҳо аз ҷониби муҳаққиқони хориҷӣ гувоҳи он аст, ки мардуми ин диёр, бо вуҷуди зиндагӣ дар минтақаи душворгузари кӯҳистон, тавонистаанд фарҳанги волои маънавии худро, аз ҷумла анъанаи меҳмоннавозии гарму дастархони пурнозу неъмат, парвариш дода нигоҳ доранд.''
=== Фарҳанги моддӣ: либоси анъанавӣ ===
Дар шароити сарди кӯҳистони Ванҷу Бадахшон, дар гузашта истифодаи матоъҳои пашмину чармӣ бартарӣ дошт ва мероси бофандагии маҳаллӣ ба истеҳсоли матоъҳои худӣ бо рангҳои табиии гиёҳии кӯҳӣ асос меёфт.<ref name="ref79">Таҳқиқоти этнолингвистии лексикаи гӯйиши тоҷикони водии Ғорон // Диссертатсия. Санҷида шуд 24 июли 2026.</ref> Либоси занонаи суннатӣ асосан аз курта, эзор, пойафзол, сарбанд ва ороишоти гуногун иборат буд; таърихан ду намуди курта маъмул буд – куртаи якқади камартангу доманвасеъ, ки пиразанон мепӯшиданд, ва куртаҳои камзулчадор бо гиребони буғак (уфуқӣ буридашуда бо зеҳгулу гулдӯзӣ), ки духтарону арӯсон ба бар мекарданд.<ref name="ref80">[[Либоси миллии тоҷикон]] // Википедиа. Санҷида шуд 24 июли 2026.</ref> Дар минтақаи Бадахшон, аз ҷумла Ванҷу Язғулом, унсурҳои хоси либоси кӯҳистонӣ – тоқии мудаввар бо нақшҳои гулдӯзии дақику пӯпак ва ҷӯробҳои ғафси пашмин бо нақшҳои ҳандасии бисёрранг (нақши офтоб, шохи қӯчқор, чалипо ва ғайра) – то имрӯз аҳамияти худро гум накардаанд.<ref name="ref80" />
=== Фарҳанги моддӣ: манзил ва хоҷагии деҳот (тибқи маълумоти асри XIX) ===
Тавсифи қадимтарини хусусиятҳои хоси манзилу хоҷагии Ванҷ ба А. А. Семёнов (1898) тааллуқ дорад. Ӯ анборчаҳои хоси болои сутунро ба қайд гирифтааст: ''«На Ванджѣ и мѣстами по Пянджу встрѣчаются подъ хижинъ еще небольшіе, съ плоскими крышами, амбарчики (амбаръ) для хлѣба и разнаго скарба... они воткнуты надъ землею на четырехъ (подъ углами) камняхъ или столбахъ»'' (тарҷума: ''«Дар Ванҷ ва ҷо-ҷо дар Панҷ, наздики хонаҳо анборчаҳои хурди боми ҳамвор (амбор) барои нону дигар молу ашё вомехӯранд... онҳо болои замин, бар чор санг ё сутуни чоркунҷа гузошта шудаанд»'').<ref name="ref81">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 34.</ref>
Дар бораи нақшу нигори деворҳои хонаҳои Ванҷ низ маълумот овардааст: ''«По Сурхобу и Хингобу, Ванджу и Пянджу на стѣнахъ многихъ хижинъ попадаются и орнаменты въ видѣ пятенъ, различныхъ безпорядочныхъ линій или же въ видѣ дѣтски намалеванныхъ фантастическихъ деревьевъ»'' (тарҷума: ''«Дар канори Сурхобу Хингов, Ванҷу Панҷ дар деворҳои бисёр хонаҳо нақшу нигор ба шакли доғ, хатҳои бетартиби гуногун ё дарахтони хаёлии кӯдакона кашидашуда вомехӯранд»'').<ref name="ref82">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 36.</ref>
Хонаи тобистонаи хоси Ванҷ (''«чолёб»'') низ дар ин асар қайд шудааст: ''«По Ванджу и отчасти на Пянджу, кромѣ описанныхъ зимнихъ помѣщеній, встрѣчаются еще спеціальныя лѣтнія жилища (чолѣбъ), чего нѣтъ нигдѣ въ прочихъ мѣстахъ»'' (тарҷума: ''«Дар Ванҷ ва қисман дар Панҷ, ба ғайр аз хонаҳои зимистонаи тавсифшуда, боз хонаҳои махсуси тобистона (чолёб) вомехӯранд, ки дар ҷойҳои дигар вуҷуд надоранд»'').<ref name="ref83">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 44.</ref>
Ниҳоят, Семёнов камбизоатии заминҳои Ванҷ ва такягоҳи мардум ба дарахти туг (мевадиҳандаи табиъӣ)-ро тавсиф кардааст: ''«Мѣстами, какъ, напримѣръ, на Вахіо, на Ванджѣ и въ Дарвазъ по Пянджу, гдѣ природа бѣдна и преобладаетъ каменистая почва... существованіе населенія находится въ тѣсной зависимости отъ тута»'' (тарҷума: ''«Дар баъзе ҷойҳо, масалан дар Ваҳё, дар Ванҷ ва дар Дарвози канори Панҷ, ки табиат камбизоату хоки санглох бартарӣ дорад... мавҷудияти аҳолӣ ба тут вобастагии зич дорад»'').<ref name="ref84">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 56.</ref>
Дар ҳамин китоб, ду намунаи фолклори мардуми Ванҷ низ бори аввал сабт гардидаанд: масали ''«Инсон ва Мор»'' ва ҳикояи ''«Писари вазир»'', ки ҳарду аз забони як шахси мушаххас – Соҳибназар аз деҳаи Техарви болооби Ванҷ – навишта шудаанд: ''«Записано со словъ Сохиб-Назара, изъ кишлака Техарвъ, въ верховьяхъ р. Ванджа въ Дарвазѣ»'' (тарҷума: ''«Аз забони Соҳибназар, аз рустои Техарв, аз болооби рӯди Ванҷ дар Дарвоз, сабт шудааст»'').<ref name="ref85">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. --- М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. --- С. 99--100.</ref>
=== Расму оинҳои мотамӣ ===
Маросимҳои марбут ба давраҳои муҳими зиндагии инсон, аз ҷумла маросими мотаму дафн, дар Ванҷу Язғулом хусусиятҳои бениҳоят куҳан ва омехта аз эътиқодоти пешазисломию исломӣ (синкретӣ) то ба имрӯз нигоҳ доштаанд; ин расмҳо аз ҷониби мардумшиносони барҷаста, аз ҷумла М. С. Андреев, И. Л. Моногарова ва А. З. Розенфелд, мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд.<ref name="ref86">Расму оин ва анъанаҳо дар рӯзгори мардуми тоҷик мавқеи муҳим доранд // АМИТ «Ховар», сентябри 2017. Санҷида шуд 24 июли 2026.</ref> Дар ҷаҳонбинии мардуми кӯҳистон марг на анҷоми мутлақ, балки гузариш ба дунёи дигар ва оғози сафари нави рӯҳ дониста мешавад. Аз ҷумла, агар марҳум ҷавон бошад, барои гусели ӯ тобути махсусе бо матоъҳои равшану рангоранг (на сиёҳ) омода мекунанд, ки бо номи ''«гаҳвораи ноз»'' маъруф аст – ташбеҳи мустақими марг бо таваллуди дубора дар олами дигар, ки Розенфелд онро расми хеле куҳан ва боқимонда аз тасаввуроти бостонии мардуми ориёӣ арзёбӣ кардааст.<ref name="ref86" />
=== Маросими никоҳ ва маҳр ===
Дар байни мардуми Ванҷ, мисли аксари халқиятҳои Осиёи Марказӣ, анъанаи пардохти маҳр барои арӯс маъмул буд. Тибқи маводи мардумшинос А. А. Семёнов, ки ба солҳои аввали асри XX тааллуқ дорад, ҳаҷми қалин вобаста ба вазъи иҷтимоиву иқтисодии оила фарқ мекард: марди сарватманд барои писараш ҳамчун қалин барои зан 3 асп, 6 гов, 3 гӯсфанд, 3 милтиқ, 2 шамшер, 3 ҷомаи пахтагин, матои дастбофи ''«карбос»'' барои 12 даст либос ва як батман гандум медод, дар ҳоле ки марди камбағал бояд 2 гов, як гӯсфанд, як милтиқ, 2 шамшер, салла, як пироҳани мардона, як ҷуфти мӯза ва 2 пуд гандум пешниҳод мекард.<ref name="ref2122">Кисляков Н. А. Калым и приданое у таджиков // Сборник статей по истории и филологии народов Средней Азии, посвящённый 80-летию со дня рождения А. А. Семенова. — Сталинабад, 1953.</ref> Таносуби маҳри сарватманду камбағал тахминан баробари 3:1 буда, ин нишонаи тафовути назарраси иҷтимоӣ дар ҷомеаи анъанавии Ванҷ мебошад; ҳамзамон, мавҷудияти аслиҳа (милтиқ, шамшер) дар таркиби қалин гувоҳи он аст, ки ин ашё дар зиндагии рӯзгори мардуми Ванҷ барои амнияти оила ва ҳифзи молу мулк аҳамияти калон дошт.<ref name="ref2122" /> Дар баробари ин, одати пардохти қалин ҳамчун кафолати иҷтимоӣ низ хидмат мекард: дар сурати вайрон шудани ақди никоҳ, ин маблағ метавонист барои таъмини зиндагии минбаъдаи зан истифода шавад.
=== Анъанаҳои ҷамъиятӣ: таъзим ва ёлогӯӣ ===
Дар одатҳои имрӯзаи мардуми Ванҷ, амали таъзими домоду арӯс дар рӯзи тӯй маъмул гардидааст; бо вуҷуди ин, тибқи мушоҳидаи мардумшиносони маҳаллӣ, ин анъана бегона буда, бо фарҳанги аслии минтақа комилан созгор нест.<ref name="ref2132">"Дар одатои мардми Ванҷ дар рӯзи тӯй" (маводи мардумшиносии шифоҳӣ, аз Анҷумани Ванҷ).</ref> Аз рӯи ривояти пиронсолони маҳал, ҳанӯз 10-20 сол пеш дар тӯйҳои Ванҷ таъзим кардан хеле кам ба назар мерасид ва он тадриҷан ҳамчун ҷузъи «одатҳои ванҷӣ» пазируфта шудааст; тибқи тафаккури суннатии мардуми маҳаллӣ, ки амиқан таҳти таъсири ақидаҳои исломӣ қарор дорад, таъзим танҳо дар пеши Худованд ва ҳангоми намоз ҷоиз шумурда мешавад, дар ҳоле ки таъзим дар назди инсони дигар номуносиб дониста мешавад.<ref name="ref2132" />
Яке аз одатҳои фаромӯшшудаи мардуми Ванҷ маросими ''«ёлогӯӣ»'' буд, ки ҳангоми ба анҷом расидани корҳои дастаҷамъонаи умумӣ – мисли ҳашар, даравидани ғалла ё бардоштани девор – баргузор мегардид.<ref name="ref2142">"ОДАТИ ЁЛОГӮӢ" (маводи мардумшиносии шифоҳӣ, аз Анҷумани Ванҷ).</ref> Калимаи ''«ёло»'' шакли кӯтоҳшудаи ибораи ''«ё Аллоҳ»'' буда, дар поёни кори дастаҷамъона ҳамчун дуо ва изҳори шукргузорӣ барои анҷоми муваффақиятомези кор ба забон меомад.<ref name="ref2142" /> Ин анъана, ки имрӯз аз истеъмол баромадааст, нишони ваҳдати рӯҳонӣ ва ҳамкории иҷтимоии мардуми Ванҷ буда, нақши муҳими тамоюлҳои динӣ ва фарҳанги дастаҷамъиро дар зиндагии рӯзгори онон инъикос мекунад.
=== Айлоқравӣ ва расму оинҳои кишоварзӣ ===
Иқтисодиёти суннатии мардуми Ванҷ ба ду унсури ба ҳам вобаста – кишоварзӣ дар водиҳои танги поёнӣ ва чорводорӣ дар чарогоҳҳои баландкӯҳӣ – такя мекунад. Ҳар сол дар аввали тобистон, вақте ки заминҳои поёнӣ барои кишти ғалла, картошка ва сабзавот истифода мешаванд, раванди муҳоҷирати мавсимии подаи чорво ба чарогоҳҳои тобистонаи баландкӯҳ, ки бо номи ''«айлоқ»'' маъруф аст, оғоз мегардад.<ref name="ref86" /> Хусусияти ҷолиби ин кӯчиш дар он аст, ки қариб тамоми аҳли деҳа, бахусус занону кӯдакон, дар як рӯзи муайяншуда дастаҷамъӣ ба айлоқ мераванд, дар ҳоле ки қисме аз мардон дар деҳа мемонанд, то корҳои саҳроӣ ва обёрии заминро анҷом диҳанд.
Дар айлоқҳо занон тамоми тобистон машғули ҷӯшидани шир, тайёр кардани маска, равғани зард, дӯғу мосту тарфу ва қурут мешаванд.<ref name="ref86" />
== Забон ==
Мардуми Ванҷ бо гӯиши ванҷии забони тоҷикӣ сухан мегӯянд. Дар водии Язғулом бошад, яке аз забонҳои помирӣ – забони язғуломӣ роиҷ аст.
Лаҳҷаи ванҷии забони тоҷикӣ дар водии Ванҷ аз нимаи дуюми асри XIX густариш ёфта, забони бумии помириро, ки бо номи ванҷӣ маъруф буд, дар поёни ҳамин аср аз байн бурд. Забони ванҷӣ наздиктарин хеши забони язғуломӣ буда, ба гурӯҳи ''«шимолии»'' забонҳои помирӣ дар қатори язғуломӣ ва (эҳтимолан) саргуломӣ дохил мешуд. Мутахассисон аз байн рафтани онро ба охири асри XIX нисбат медиҳанд; мардумшиносон дар ибтидои асри XX аз ин забон танҳо чанд даҳ вожаро сабт карда тавонистаанд.<ref name="ref87">Памирские языки (рус.) // Лингвистический энциклопедический словарь. --- М.: Советская энциклопедия, 1990.</ref><ref name="ref88">[https://old.bigenc.ru/linguistics/text/2701306 Памирские языки] (рус.) // Большая российская энциклопедия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Лаҳҷаҳои ванҷии забони тоҷикӣ мавзӯи таҳқиқи бунёдии эроншиноси рус А. З. Розенфелд гардидаанд, ки соли 1964 дар [[Ленинград]] монографияи махсуси ''«Ванджские говоры таджикского языка»''-ро дар ҳаҷми 151 саҳифа ба табъ расонидааст.<ref name="ref89">Розенфельд А. З. Ванджские говоры таджикского языка / ЛГУ им. А. А. Жданова. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- 151 с.</ref> Дар гуфтугӯи мардуми Ванҷ ҷӯйборҳои лозурӣ, ки деҳаҳо дар канораи онҳо бино ёфтаанд, ''«даргов»'' номида мешаванд; ба ақидаи Ҳ. Пирумшоев, ин вожа гунаи тағйирёфтаи ибораи ''«даргоҳи об»'' аст.<ref name="ref2" /> Аммо дуруст он аст, ки аслаш дарагоб/дараоб (обе ки аз дара меояд) аст, зеро дар форсии миёна "дара" "дараг" навишта ва талаффуз мешудааст. Тибқи фарзияи дигари забоншиносӣ, метавон решаи вожаи ''«дарғов»''-ро бо калимаи осетинии ''«dærg»'' (''«дароз»'') пайванд дод, яъне маънои аслии он ''«оби дароз»'' бошад.<ref name="ref90">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §50--52.</ref>
Тибқи таснифи Розенфелд, гӯишҳои ванҷӣ ҷузъи таркибии гӯишҳои дарвозӣ буда, якҷоя бо онҳо ба гурӯҳи васеътари гӯишҳои ҷанубу шарқии забони тоҷикӣ дохил мешаванд.<ref name="ref91">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §59.</ref> Хусусияти муҳимтарини гӯишҳои дарвозиву-ванҷӣ – ҷобаҷогузории зарраи ''«ме-»''-и замони ҳозира-оянда аз аввали феъл ба охири он (миёни асос ва флексия) мебошад, ки дар ҳамаи гӯишҳои ин гурӯҳ, ба ғайр аз гӯиши болои Ванҷ, мушоҳида мешавад.<ref name="ref92">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §60, §61.</ref> Аз миёни гӯишҳои дарвозӣ, ба гӯиши ванҷӣ аз ҳама наздиктар гӯиши ягидӣ (алалхусус ба зерлаҳҷаи водхудии поёни Ванҷ) ва гӯиши миёнаи дарвозиву-ваҳиёӣ (ба лаҳҷаи миёнаи Ванҷ) мебошанд.<ref name="ref93">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §62.</ref>
=== Лаҳҷаҳои дохилии гӯиши ванҷӣ ===
Розенфелд дар дохили гӯиши ванҷӣ се лаҳҷаи асосиро фарқ мекунад: лаҳҷаи поёни Ванҷ, лаҳҷаи миёнаи Ванҷ (ки онро боз лаҳҷаи ваҳиёиву-ванҷӣ низ меноманд) ва лаҳҷаи болои Ванҷ.<ref name="ref94">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §54.</ref>
Лаҳҷаи поёни Ванҷ дар деҳаҳои соҳили рости дарёи Ванҷ (аз резишгоҳ ба боло) – Вискроғ, Бичхарвак, Рохарв (маркази ноҳия), Бовид ва Одешт – ва дар соҳили чап – Дашти Роғ, Лангар, Гишхун ва Ғумаяк, инчунин дар деҳаҳои ҷамоати Водхуд роиҷ аст; аксарияти сокинони поёни Ванҷ ва Водхуд муҳоҷиронанд, ки бештарашон аз Дарвоз ва қисман аз болои Ванҷ ба ин ҷо кӯчидаанд.<ref name="ref15" /> Дар дохили ин лаҳҷа ду зерлаҳҷа – водхудӣ ва гишхунӣ – фарқ карда мешаванд; барои зерлаҳҷаи водхудӣ лабиалишавии қавии садоноки ''«о»'', мавҷудияти зарфи ''«fru/fre»'' ба маънои ''«поён»'' ва истифодаи шакли дуюми замони ҳозира-ояндаи феъл дар шахсҳои якум ва саввуми танҳо бо флексияи ''«-a»'' (масалан, ''«gama»'', ''«ravama»'' ба ҷои шакли маъмули дарвозиву-ванҷии ''«game»'', ''«rave»'') хос аст.<ref name="ref95">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §56, саҳ. 12.</ref>
Лаҳҷаи миёнаи Ванҷ (ваҳиёиву-ванҷӣ) аз деҳаи Бунай то деҳаҳои Доршир (дар соҳили рост) ва Гуҷовас (дар соҳили чап), то деҳаи болотарини водӣ – Поймазор – паҳн аст. Сокинони ин минтақаро ''«ваҳиёчиён»'' меноманд, зеро аксарашон муҳоҷироне мебошанд, ки аз водии Ваҳиёи Боло ба ин ҷо кӯчидаанд. Барои ин лаҳҷа мавҷудияти ҳамсадоҳои болофаринголии ''«ҳ»'' ва ''«айн»'', истифодаи пасванди ''«-ak»'' дар шахси саввуми танҳои замони гузашта (''«umadastak»'' – ''«ӯ омад»''), калимаи ''«oča»'' ба маънои ''«модар»'' (ба ҷои ''«muma»''-и роиҷ дар дигар лаҳҷаҳои ванҷӣ) ва номи ''«ruzan»'' барои равзанаи дуд хос аст; ин лаҳҷа аз рӯи аломатҳои зикршуда ба лаҳҷаи ваҳиёиву-дарвозӣ наздик мешавад.<ref name="ref96">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §57, саҳ. 12.</ref>
Лаҳҷаи болои Ванҷ аз деҳаи Доршир то сарчашмаҳои дарёи Ванҷ – дар деҳаҳои Сетарғ, Мурғутга, Ван-Вани Боло ва Поён (соҳили рост) ва Гуҷовас, Гумаст, Рованд, Гармчашма, Сунгад (соҳили чап) – паҳн аст. Сокинони ин минтақа худро ''«ванҷиҳо»'' ё ''«ванҷиёни туптӣ»'' (яъне бумӣ) меноманд ва маҳз дар ҳамин лаҳҷа лексикаи бештар архаистӣ, аз ҷумла боқимондаҳои алоҳидаи забони куҳани ванҷӣ, то имрӯз нигоҳ дошта шудааст.<ref name="ref97">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §58, саҳ. 12--13.</ref> Хусусияти муҳимтарини лаҳҷаи болои Ванҷ дар он аст, ки зарраи ''«ме-»'' дар аввали шакли феълӣ боқӣ мемонад ва ба охири он нагузашта; маҳз бо ҳамин аломат, ин лаҳҷа аз ҳамаи дигар гӯишҳои дарвозиву-ванҷӣ фарқ мекунад.<ref name="ref92" />
Аз лиҳози овоӣ (фонетикӣ), гӯишҳои ванҷӣ бо паҳншавии васеи фонемаи ''«ə»'' (ки ба садонокҳои кӯтоҳи забони адабӣ рост меояд) ва мулоимшавии садоноки ''«ӯ»'' тавсиф мешаванд.<ref name="ref98">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §1--3, саҳ. 5--6.</ref> Далели дигари куҳансолии ин гӯишҳо паҳншавии васеи фонемаи ''«ж»'' аст, ки дар забони адабии тоҷикӣ танҳо дар се-чор калима боқӣ мондааст, ҳол он ки дар гӯишҳои ванҷӣ гурӯҳи назарраси калимаҳо бо ин ҳамсадо сабт шудаанд (масалан, ''«жеғ»'' – якрав, ''«жовидан»'' – ҷавидан).<ref name="ref99">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §15, саҳ. 6--7.</ref> Афтодани ҳамсадои ''«д»'' дар миёни калима, ки хоси гӯишҳои дарвозиву-ванҷист, ба сохти флексияи феълӣ низ таъсир расонидааст: дар замони гузашта шахси саввуми танҳо флексияи ''«-и»''-ро мегирад (масалан, ''«babori»'' – ''«борид»''), шахси саввуми ҷамъ бошад – флексияи ''«-ин»''.<ref name="ref100">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §11.</ref>
Дар морфология, ҷамъбандии исм тавассути пасвандҳои ''«-о»'' (умумӣ), ''«-ун»'' (барои исмҳои ҷондор) ва ''«-гала»'' (барои гурӯҳи одамон) сурат мегирад.<ref name="ref16" />
Лексикаи гӯишҳои ванҷӣ, нисбат ба гӯишҳои дарвозӣ низ, дараҷаи баландтари архаизмро нишон медиҳад: дар он калимаҳое нигоҳ дошта шудаанд, ки дар забонҳои адабии тоҷикӣ ва форсӣ дигар истифода намешаванд, вале дар ашъори Фирдавсӣ ё дар фарҳангҳои қадимӣ сабт гардидаанд (масалан, ''«кӯп»'' ба маънои ''«санг»'', ''«харсанг»'').<ref name="ref101">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- §48.</ref> Илова бар қабати калони калимаҳои помирӣ, дар гӯишҳои ванҷӣ гурӯҳи калимаҳое низ ба назар мерасанд, ки бо забони яғнобӣ ва ҳатто бо забони бостонии осетинӣ (аз шохаи шимолии забонҳои эронӣ) муштараканд.<ref name="ref90" /> Дар ''«Феҳристи калимаҳои куҳани ванҷӣ»'', ки ҳамчун замима ба монография пайваст шудааст, Розенфелд бар пояи таҳлили лексикӣ ва фонетикӣ ба хулосае мерасад, ки забони куҳани ванҷӣ ба гурӯҳи шуғнонию рӯшонии забонҳои помирӣ тааллуқ доштааст.<ref name="ref102">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. --- Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. --- Замимаи «Феҳристи калимаҳои куҳани ванҷӣ».</ref>
Бархе донишмандони рус, монанди И. И. Зарубин, А. З. Розенфелд ва дигарон, назарияеро дар бораи вуҷуди куҳанзабони ванҷӣ (русӣ: старованджский язык) ироя кардаанд, ки тибқи он ин забон тақрибан дусад сол пеш аз байн рафта, гӯиши кунунии ванҷӣ ҷойгузинаш шудааст. И. И. Зарубин дар ин маврид мегӯяд:
"Забони куҳнаи ванҷӣ дар водии Ванҷ (шохоби рости Панҷ) ва саргуломӣ дар болооби дарёи Саргулом, дар шарқи вилояти Файзободи Афғонистон ривоҷ дошт. Тақрибан дусад сол пеш лаҳҷаҳои тоҷикӣ ҷои онҳоро гирифтанд".
Забоншинос Т. Н. Пахалина дар баррасии муқоисавии забонҳои помирӣ, забони ванҷиро дар силсилаи забонҳои помирӣ чунин ҷой додааст:
''«Ванджский язык, известный в настоящее время по небольшому количеству слов, зафиксированных в 1924 г. И. И. Зарубиным [6], а позднее — А. З. Розенфельд [28; 29] (в прошлом был распространен в долине Ванджа — правого притока Пянджа).»''
Тарҷума: ''«Забони ванҷӣ, ки имрӯз танҳо бо шумораи ками вожаҳо маълум аст ва соли 1924 аз ҷониби И. И. Зарубин ва баъдтар аз ҷониби А. З. Розенфелд сабт шудааст (дар гузашта дар водии Ванҷ — шохоби рости Панҷ — роиҷ буд).»''.<ref name="ref103">Пахалина Т. Н. Сравнительный обзор памирских языков // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 222.</ref>
Шаҳодати дигаре дар бораи фарҷоми ин забон дар мақолаи Т. Г. Абаева дар бораи пажӯҳишҳои А. В. Станишевский омадааст:
''«Укором в адрес лингвистов звучало сообщение о том, что в долине Ванча недавно умерли последние старики, владевшие ванчским языком.»''
Тарҷума: ''«Хабаре барои забоншиносон ҳамчун сарзаниш садо дод ва он ҳам дар бораи он, ки дар водии Ванҷ, ба наздикӣ пиронсолони охироне, ки забони куҳнаванҷиро медонистанд, аз дунё гузаштанд.»''.<ref name="ref104">Абаева Т. Г. Исследования А. В. Станишевского (Азиза Ниалло) о Памире // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 290.</ref>
Дар байни намунаҳои камшумори боқимондаи забони куҳани ванҷӣ, ки дар хотираи шифоҳии пиронсолони маҳал нигоҳ дошта шудаанд, ибораи ''«Агни капол, пасни двол, чангола вол»'' сабт гардидааст.<ref name="ref2152">"ҶМЛАЕ АЙ ЗАБУНИ КУНАИ ВАНҶӢ" (маводи забоншиносии шифоҳӣ, аз Анҷумани Ванҷ).</ref> Тибқи тахмини муҳаққиқони маҳаллӣ, ин ибора метавонад ба маънои тахминии ''«оташ дар пешонӣ, пас дар девор, бо чанголҳо бархез»'' тарҷума шавад; мавҷудияти вожаи ''«агни»'' (оташ), ки дар забони санскрит низ бо ҳамин маъно ба кор меравад, аз бостонии решаҳои ин забон гувоҳӣ медиҳад.<ref name="ref2152" /> Ин намуна, ҳарчанд аз нигоҳи забоншиносии илмӣ то ҳол таҳлили муфассал нашудааст, аҳамияти он дар нигоҳдории бехатари охирин осори шифоҳии забони куҳани ванҷӣ, ки гӯяндагони охирини он – тавре ки дар боло зикр гардид – аллакай даҳсолаҳо пеш аз дунё гузаштаанд, нуҳуфта аст.
Забони язғуломӣ, ки дар шаш деҳаи ҷамоати Язғулом ба кор меравад, забони бехат аст ва шумораи гӯяндагонаш тақрибан 3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад; аксари язғуломиён дузабонаанд ва забони тоҷикиро низ медонанд.<ref name="ref105">Язгулямский язык (рус.) // Лингвистический энциклопедический словарь. --- М.: Советская энциклопедия, 1990.</ref><ref name="ref106">[https://old.bigenc.ru/linguistics/text/4924529 Язгулямский язык] (рус.) // Большая российская энциклопедия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Таҳқиқи бунёдии ин забон ба қалами эроншиноси маъруф Д. И. Эделман тааллуқ дорад, ки соли 1966 дар [[Маскав]] монографияи ''«Забони язғуломӣ»''-ро ба табъ расонидааст.<ref name="ref107">Эдельман Д. И. Язгулямский язык. --- М.: Наука, 1966.</ref> Пас аз муҳоҷирати соли 1954 бахше аз язғуломизабонон дар ноҳияи Куйбишеви водии Вахш низ сокин шуданд ва забони язғуломӣ то кунун дар он ҷо низ ба кор меравад.<ref name="ref60" />
Дар ''«Атласи забонҳои дар хатар қарордоштаи ҷаҳон»''-и ЮНЕСКО (таҳти таҳрири Кристофер Мозли, соли 2010), забони язғуломӣ ба зумраи забонҳои осебпазир (Vulnerable) дохил гардидааст.<ref name="ref108">Moseley Chr. (ed.) Atlas of the World\\\'s Languages in Danger. --- 3rd ed. --- Paris: UNESCO Publishing, 2010.</ref> Тибқи ҳамин Атлас, аз 15 забони дар хатар қарордоштаи Осиёи Марказӣ, 11-тояш дар Тоҷикистон, бештараш дар ҳудуди ВМКБ, роиҷ аст.<ref name="ref109">[https://old.asiaplustj.info/en/news/tajikistan/society/20170629/unesco-publishes-atlas-of-the-worlds-languages-in-danger UNESCO publishes atlas of the world\\\'s languages in danger] (англ.) // Тоҷикистон Ньюз Азия-Плюс, 29 июни 2017. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Пажӯҳиши ҷомеашиносии забонии Д. Пол, Э. Аббесс, К. Мюллер, К. Тиссен ва Г. Тиссен нишон медиҳад, ки муносибати сокинони водии Язғулом ба ҳарду забон – язғуломӣ ва тоҷикӣ – мусбат аст: забони модарӣ дар зиндагии рӯзмарра пурқувват боқӣ монда, ҳеҷ нишонае аз ҷойивазкунии он бо забони тоҷикӣ мушоҳида намешавад, ҳарчанд забони тоҷикиро низ дар баъзе ҳавзаҳо муфид медонанд.<ref name="ref110">Paul D., Abbess E., Müller K., Tiessen C., Tiessen G. Language Access and Tajik Language Proficiency among the Yazghulami of Tajikistan. --- SIL International, 2010.</ref> Дар пойгоҳи байналмилалии таснифи забонҳо ''«Глоттолог»'' забони куҳани ванҷӣ бо рамзи ''«oldw1238»'' ва забони язғуломӣ бо рамзи ''«yazg1240»'' сабт шудаанд.<ref name="ref111">Glottolog 5.0, коди «oldw1238» (забони куҳани ванҷӣ) ва «yazg1240» (забони язғуломӣ).</ref>
== Бахшбандӣ ==
Бар асоси Қонуни тақсимоти маъмурию ҳудудии кишвар, ноҳияи Ванҷ аз 1 шаҳрак (Ванҷ) ва 6 ҷамоат иборат аст:<ref name="ref112">Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. --- Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013. --- 332 с.</ref>
{| class="wikitable"
!'''Ҷадвали 5. Ҷамоатҳои ноҳияи Ванҷ'''
|-
|'''Ҷамоат'''
|'''Аҳолӣ (нафар)'''
|'''Деҳаҳо'''
|-
|ба номи Маҳмадулло Абдуллоев
|10 983
|Бичхарв, Бодалд, Ускроғ, Роғ, Дашти Роғ, Панҷшанбеобод, Убари Даргов, Рохарв, Гушхун, Ғумаяк, Бовуд, Одешт, Ҷангали Зуго
|-
|Водхуд
|2178
|Пшихарв, Даштак, Лугад, Бунига, Узбай, Лахш, Баравн, Баравни Таг, Баравни Тор, Ваҳдат, Вравз
|-
|Ҷовидон
|4201
|Бунай, Рав, Жовуд, Потов, Арнавад, Убго
|-
|Рованд
|5573
|Ширговад, Ғиҷоваст, Мудеҳарв, Вишхарвак, Старғ, Ғӯмас, Мурғутга, Рованд, Гармчашма, Ван-Ван, Сунгад, Поймазор
|-
|Техарв
|3401
|Гич, Садвадг, Сед, Шаврӯ, Техарв, Чихох, Удоб, Равгада
|-
|Язғулом
|6065
|Мотравн, Вишхарв, Будун, Шавуд, Андарбоғ, Жамаг
|}
Дар санадҳои расмии солҳои охир ҷамоати марказии ноҳия бо номи ''«деҳоти Маҳмадулло Абдуллоев»'' зикр мегардад.<ref name="ref4" />
Барои муқоиса, тибқи гузориши капитан Кузнецов, дар соли 1892 бекигарии Дарвоз (ки Ванҷ ҷузъи он буд) ба 11 амлокдорӣ тақсим мешуд:
''«Въ административномъ отношеніи Дарвозское бекство дѣлится на 11 амилякдарствъ: Чиль-Даринское, Тавиль-Даринское, Сагри-Даштское, Кала-и-Хумбское, Шикайское, Куфское, Хагонское, Май-Майское, Джумарчское, Ванчское, Вахія-болё и два особыхъ отдѣла–Язгулемскій и Тангъ-Шивскій.»''
Тарҷума: ''«Аз ҷиҳати маъмурӣ, бекигарии Дарвоз ба 11 амлокдорӣ тақсим мешавад: Чилдарин, Тавилдарин, Сағридашт, Қалъаи Хумб, Шикай, Куф, Ҳагон (Деҳхагон), Моймай, Ҷумарҷ, Ванҷ, Вахиёи Боло ва ду шӯъбаи алоҳида — Язғулом ва Тангшив»''.<ref name="ref113">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 68.</ref>
Аз ин тақсимот бармеояд, ки Ванҷ дар соли 1892 аллакай ҳамчун амлокдории алоҳида, ва Язғулом ҳамчун шӯъбаи ниммустақилу ба таври алоҳида идорашаванда фарқ карда мешуданд — падидае, ки то андозае бо бахшбандии имрӯзаи ноҳия, ки дар он Язғулом ҷамоати алоҳида аст, монандӣ дорад.
Тақрибан ҳаштод сол пас аз гузориши Кузнецов, забоншинос Д. И. Эделман, бар пояи маводи саҳроии худ ва пажӯҳиши А. З. Розенфелд, рӯйхати муфассали рустоҳои Ванҷро чунин овардааст:
''«Население Ванджа ныне говорит по-таджикски, хотя сравнительно недавно здесь еще бытовал ванджский язык, принадлежавший к памирской группе языков. Названия кишлаков по течению Пянджа: Даштак, Узбай, Лахш, Варавз, Лангарак, Бараун, Водхуд; по Ванджу: Бич-харвак, Рог, Лангар, Гишхун, Рохарв (официально Ванч), Гумаяк, Одешт, Бунай, Потоу, Жовид, Чихох, Сед, Техарв, Гуджовас, Ширговат, Доршир, Гумаст, Сетарг, Рованд, Мургытга, Сунгад, Ван-Ван, Поймазор.»''
Тарҷума: ''«Аҳолии Ванҷ имрӯз бо забони тоҷикӣ гуфтугӯ мекунад, ҳарчанд то ба ҳамин наздикӣ, дар ин ҷо, ҳанӯз, забони куҳнванҷӣ роиҷ буд, ки ба гурӯҳи забонҳои помирӣ тааллуқ дошт. Номҳои рустоҳо дар масири Панҷ: Даштак, Взбай, Лахш, Вароваз, Лангарак, Баравн, Водхуд; дар масири Ванҷ: Бичхарвак, Роғ, Лангар, Гишхун, Рохарв (расман Ванҷ), Ғумаяк, Одешт, Бунай, Потов, Жовид, Чхох, Сед, Техарв, Ғҷовас, Шрговад, Дуршер, Ғӯмас, Старғ, Рованд, Мурғтга, Смгад, Ван-Ван, Поймазор.»''.<ref name="ref114">Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 50.</ref>
== Хоҷагидорӣ ==
Соҳаҳои асосии хоҷагидории ноҳия ғаллакорӣ, чорводорӣ, боғдорӣ ва сабзавоткорист; дар замони шӯравӣ тамокукорӣ низ соҳаи асосӣ буд. Соли 1939 дар тамоми ВМКБ 123 колхоз мавҷуд буд, аз ҷумла дар Ванҷ 30 колхоз таъсис дода буданд.
Водии Водхуд аз қадим бо ҳосилхезии замин ва фаровонии тути худ ном баровардааст: захираи ғалла ва меваи хушки ин мавзеъ (тут, зардолу, себ) на танҳо сокинони маҳаллӣ, балки деҳоти камзамини ҳамсояро низ аз танқисӣ мераҳонд ва ибораи мардумии ''«тути Водхуд пухт, имсол ҳам ҷон ба саломат бурдем»'' аз ҳамин воқеият бармеояд.<ref name="ref2" />
Дар ноҳия 53 хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд аст. Майдони умумии заминҳои хоҷагӣ 14 417 гектар аст, аз ҷумла заминҳои корам – 1381 гектар (2012), чарогоҳҳо – 1219 гектар, боғҳо – 734 гектар. Тибқи омори соли 2012 дар ноҳияи Ванҷ 2478 тонна ғалла, 1924 тонна гӯшт, 1 млн дона тухм, 3742 тонна шир, 157 тонна чормағз, 6353 тонна сабзавот ва 11 295 тонна картошка ба даст омад. Бар асоси омори соли 2011, шумораи чорво дар хоҷагиҳо чунин буд: гов – 15 234 сар, гӯсфанду буз – 32 498 сар.
Дар давоми даҳсолаи охир сохтори хоҷагидории ноҳия ба таври куллӣ дигаргун шуд: ба ҷои 53 хоҷагии деҳқонии соли 2012, имрӯз 14 ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ 120 хоҷагии инфиродиро бо фарогирии 3217 саҳмдор муттаҳид месозад.<ref name="ref115">Ванҷ. Рушди соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Майдони умумии заминҳои корам ба 2601 гектар расидааст, ки аз он бештар аз 1080 гектарро боғҳои мевадиҳанда ташкил медиҳанд; танҳо дар бист соли охир 282 гектар замини нав аз худ карда шудааст.<ref name="ref116">[https://khovar.tj/2025/11/dar-no-iyai-van-so-ai-bo-parvar-rushd-meyobad/ Дар ноҳияи Ванҷ соҳаи боғпарварӣ рушд меёбад] // АМИТ «Ховар», 18 ноябри 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Тибқи таҳлилҳои муқоисавӣ, дар зарфи се даҳсолаи охир истеҳсоли ғалладонагиҳо тақрибан 6 баробар, картошка 8 баробар, сабзавот 16 баробар ва мева 42 баробар афзудааст.<ref name="ref117">Ванҷ. Ҷашни истиқлол мондагор хоҳад буд // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Танҳо то охири моҳи октябри соли 2025 аз боғоти ноҳия 2205 тонна меваи тару тозаву хушк ба бозорҳои хориҷӣ ва шаҳрҳои калони ҷумҳурӣ содирот гардид,<ref name="ref116" /> ва моҳи августи соли 2023 кишоварзони ноҳия дар ярмаркаи Боғи ''«Куруши Кабир»''-и Душанбе зиёда аз 13 тонна маҳсулоти тару тоза ба сокинони пойтахт пешниҳод карданд.<ref name="ref118">Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби кишоварзони ноҳияи Ванҷ // АМИТ «Ховар», августи 2023. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Аз соли 2009, вақте ки дар ноҳия аввалин ду гармхонаи намунавӣ ба кор дароварда шуданд,<ref name="ref119">Дар Ванҷ гармхонаҳо ба кор даромаданд // АМИТ «Ховар», августи 2009. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> технологияи гармхонагӣ дар қисматҳои поёнии ноҳия паҳн шудааст. Дар давраи охир, дар ҳамкорӣ бо мутахассисони минтақаи илмӣ-таҷрибавии ''«Ҷангали Зуго»''-и Институти биологии Помир, соҳибкор Ҳайдар Фаёзов аз деҳаи Гишхун дар ноҳия парвариши озмоишии лимӯ ва дигар меваҳои ситрусиро оғоз кард – навъе, ки то ҳол дар ВМКБ танҳо хоси баъзе минтақаҳои ноҳияи Дарвоз буд.<ref name="ref120">Ванҷ. Авлавият ба рушди лимӯпарварӣ // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Таърихи иқтисодиёт: аз мубодилаи молӣ то бозор (асри XIX) ===
Дар асри XIX иқтисодиёти Ванҷ, монанди тамоми Дарвоз, хусусияти патриархалӣ ва асосан мубодилавӣ (натуралӣ) дошт. Тибқи маълумоти И. Юхновский, ки соли 1894 дар рӯзномаи ''«Туркестанские Ведомости»'' ба нашр расидааст, дар водии Ванҷ пул, ченаку вазн қариб номаълум буда, тиҷорат асосан ба таври мубодилавӣ сурат мегирифт; танҳо мансабдорони бухороӣ чой менӯшиданд, аҳолии таҳҷоӣ бошад, ин нӯшокиро танҳо дар ҷашнҳои оилавӣ истифода мебурд.<ref name="ref2112" /> Ҳангоми муайян кардани арзиши маҳсулот, воҳиди ченаки ''«карбос»'' (порчаи дастбофти маҳаллӣ) барои матоъ ва ''«тоқӣ»'' барои маҳсулоти донагӣ ба кор мерафт.<ref name="ref2112" /> Тибқи нархномаи ҳамон давра, як харвор (тахминан 4 пуд) ғалла аз 4 то 6 танга, як гӯсфанди калон 6-7 танга ва як гӯсфанди хурд 4 танга арзиш дошт; тангаи нуқрагини бухороӣ вазни 3,36 грамм дошт.<ref name="ref2112" /> Аз Ванҷ асосан оҳани дар конҳои болооби дарёи Ванҷ истихроҷшуда ва қисман ғалладона ба минтақаҳои ҳамсояи Дарвоз, тавассути Қалъаи Хумб, содир мегардид.<ref name="ref2112" />
Дар бекигариҳои шимолу шарқии Бухоро — Қаратегину Дарвоз, ки Ванҷ ба ҳайати онҳо дохил буд — тибқи арзёбии Юхновский (1894), тақрибан сад ҳазор нафар сокин зиндагӣ мекард, ки эҳтиёҷоташон хеле маҳдуд буд.<ref name="ref2112" /> Гарчанде ғаллакорию чорводорӣ шуғли асосии аҳолӣ буд, ҳаҷми истеҳсоли онҳо барои қонеъ кардани ҳатто эҳтиёҷоти хурдтарин кофӣ набуд; нони Дарвоз бештар аз бекигарии Кӯлобу дигар минтақаҳо ворид карда мешуд.<ref name="ref2112" /> Аз ин рӯ, аҳолӣ маҷбур мешуд, ки ба муҳоҷирати мавсимии меҳнатӣ ба Фарғона ва ҳатто Тошканд рӯй орад, зеро кишоварзӣ, ба сабаби норасоии замини корам, ҳатто барои эҳтиёҷоти нисбатан муътадил кофӣ набуд.<ref name="ref2112" /> Танҳо шумораи ками сокинон аз нони холиси гандум истифода мебурданд; орди гандумро бо орди лӯбиё меомехтанд ва дар водиҳои Ванҷ, Язғулому Панҷ ҳатто аз мавизи хушкидаи тут, пиёзи кӯҳӣ ва дигар решаҳои кӯҳӣ орд тайёр мекарданд.<ref name="ref2112" /> Чорводорӣ низ наметавонист рушд кунад, зеро кӯҳҳои Дарвоз нисфи сол ва бештар зери барф мемонданд ва аҳолӣ фақат барои миқдори ками чорво (ки дар он гӯсфанд бартарӣ дошт) захираи алаф ҷамъ карда метавонист; гӯшти шикор — шикорварзӣ яке аз шуғлҳои асосии дарвозиён буд — дар баробари гӯсфанд яке аз молҳои асосии мубодилавӣ маҳсуб мешуд.<ref name="ref2112" />
Қалъаҳои Ғарму Қалъаи Хумб, ки маркази маъмурии беки Қаратегину Дарвоз буданд, ягона бозорҳои мубодилаи маҳсулоти маҳаллӣ ба шумор мерафтанд.<ref name="ref2112" /> Аз Кӯлоб тоҷирон бо ду-се асп матои бязӣ ва дигар матоъҳои дурушт барои ҷома меоварданд ва барои ҳар 12 арш бязӣ як пӯсти рӯбоҳ мегирифтанд.<ref name="ref2112" /> Маркази умумии тиҷоратии тамоми Қаратегину Дарвоз шаҳри Кӯлоб буд; агар қаратегиниён боз ба бозорҳои Ӯротеппаву Қӯқанд мерафтанд, дарвозиён танҳо ба Кӯлоб рӯй меоварданд.<ref name="ref2112" /> Аз Кӯлоб инчунин ранги «бузгунч» — маҳсулоте, ки аз варами баргҳои дарахтони писта, ки нишебиҳои кӯҳҳои Кӯлобро мепӯшониданд, ба даст меомад — ворид карда мешуд.<ref name="ref2112" />
Юхновский тарзи бинокории маҳаллиро низ тасвир кардааст: пойдевори баланди сангин бо гил, деворҳои хишти хоми калону бетартибшакл ва боми чӯбине, ки бо каҳ ва шохча пӯшонида, аз рӯй бо гил андова карда мешуд; сохтмон одатан аз аввали баҳор то нимаи тирамоҳ (аз апрел то сентябр) идома меёфт, дар ҳоле ки санг ва гил ҳамеша дар дастрас буданд ва чӯб — аз дарахтони тут, бед ва сафедор — аз боғоти маҳаллӣ, арча бошад аз кӯҳҳо оварда мешуд.<ref name="ref2112" /> Тибқи нархномаи ҳамон давра, як чӯб ба дарозии 2,5 арш ду танга, се даста хошок (ҳар кадом 2,5 арш) ду танга, як даста ках як танга ва як батмон (8 пуд) оҳак ду танга арзиш дошт; барои тайёр кардани ҳазор хишти хом дар як рӯз чор нафар коргар лозим буд ва музди рӯзонаи коргарони оддӣ тахминан як танга буд.<ref name="ref2112" /> Оҳани маҳаллӣ аз конҳои болооби дарёи Ванҷ истихроҷ мешуд; як пораи оҳан ба дарозии 2,5 арш ва диаметри ¾ арш арзиши 300 тангаро дошт.<ref name="ref2112" /> Дар шаҳраки Рохар танҳо як оҳангар ва ду наҷҷор фаъолият доштанд; музди рӯзонаи чунин устод бо шогирду асбобҳояш тахминан панҷ танга буд, ва абзорҳои маъруфи ин ҳунармандон арра, теша, хоиск, ранда ва табар буданд.<ref name="ref2112" /> Дар бораи нархи маводи хӯрока, равғани гов барои ҳар панҷ фунт як танга, мурғ даҳ тин, тухм 64 дона барои як танга ва алафи себарга аз 25 то 30 даста барои як танга арзиш дошт; намак, ки аз Кӯлоб ворид мешуд, гарон буд — барои як тӯппии намак чор тӯппии ғалла медоданд; биринҷ аз Қалъаи Хумб харидорӣ мешуд ва нархаш вобаста ба мавҷудияш аз чор то панҷ танга барои панҷ фунт таҳаввул мекард.<ref name="ref2112" /> Дар мавсими зимистон таъмини ем ва озуқа мушкил мегардид, аз ин рӯ захираи зимистона аз тирамоҳ омода карда мешуд.<ref name="ref2112" />
Тавре Юхновский таъкид мекунад, миқдори дақиқи содироти солонаи оҳанро муайян кардан ғайриимкон буд, зеро мақомоти маҳаллӣ дар бораи рақами он тасаввуроти дақиқ надоштанд.<ref name="ref2112" /> Чою дигар молҳои ҳиндӣ тавассути Шуғнону Рӯшон умуман ворид намешуданд; миқдори ками онҳо аз Бадахшон тавассути Куф ва Қалъаи Хумб, ва асосан тавассути Кӯлоб, ба даст меомад.<ref name="ref2112" />
=== Кишоварзии анъанавӣ: ангури Ванҷӣ ===
Яке аз навъҳои қадимаи ангури маҳаллӣ, ки то имрӯз парвариш карда мешавад, навъи ''«Ванҷӣ»'' аст. Ин навъи ангури миёнапаз баргҳои калони гирда, хӯшаҳои калони махрутшакли 350-400 грамма ва ғужбҳои калони байзашакли сафеди зардчаро доро буда, дар таркиби меваи пухтааш 20-21,5 фоиз қанд ҷамъ мешавад.<ref name="ref2182">Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 3. — Душанбе, 2014.</ref> Ангури Ванҷӣ нимаи моҳи май гул карда, мевааш нимаи августи ҳамон сол мепазад ва давраи нашъунамои он 135-145 рӯзро дар бар мегирад; ин навъ барои хӯрдан ва хушконидан мувофиқ буда, то 24 фоиз мавизи баландсифат медиҳад ва то моҳи январ нигоҳ дошта мешавад.<ref name="ref2182" /> Мутаассифона, токи ин навъи ангур ба сармо ва бемории гарда тобовар нест, ки ин омил боиси маҳдудияти парвариши он дар минтақаҳои хунуктар мегардад.<ref name="ref2182" />
=== Ҳунармандии анъанавӣ ===
Дар соҳаи ҳунармандӣ, мардуми Ванҷ таърихан ба истеҳсоли пойафзол (чоруқ, нимпоймонак) аз пӯсти дурушт коркардшуда ва либос аз матои ''«карбос»''-и худбоф машғул буданд, ки занон онро аз пашми дурушт мебофтанд.<ref name="ref2112" /> Матоъ ва баъзе маҳсулоти дигар – аз ҷумла пӯсти рӯбоҳу гурба – ҳамчунин аз водиҳои ҳамсояи Шуғнону Рӯшон, тавассути пиёдагардон ва бо миқдори ками пинҳонӣ, ворид карда мешуданд, ки ин далели мавҷудияти шабакаи мубодилаи тиҷоратӣ дар байни аҳолии гуногуни Бадахшон аст.<ref name="ref2112" />
Мӯзаро (пойафзоли пошнадор) сокинони Ванҷ на дар маҳал, балки дар бозори Қалъаи Хумб мехариданд.<ref name="ref2112" /> Сабаби маҳдуд будани ин навъи воридот дар он буд, ки ҳокимияти Шуғнону Рӯшон содироти маҳсулоти маҳаллиро ба ҳама ҷо, ба ҷуз Кобул, манъ карда буд.<ref name="ref2112" />
=== Чорводорӣ ва занбӯриасалпарварӣ ===
Дар муқоиса бо давраи пеш аз истиқлол, дар ноҳия саршумори чорвои калону майда дар маҷмуъ 2 баробар, истеҳсоли гӯшт 4 баробар ва истеҳсоли тухм 31 баробар афзудааст.<ref name="ref117" /> Тибқи омори соли 2023, саршумори чорвои калони шохдор ба 17 135 сар (нисбат ба 15 234 сар дар соли 2011) ва моли майда (гӯсфанду буз) ба 41 000 сар (нисбат ба 32 498 сар) расидааст; ҳамчунин дар хоҷагиҳои ноҳия 41 350 сари парранда ва 1082 оилаи занбӯри асал ба қайд гирифта шудааст.<ref name="ref117" /><ref name="ref115" /> Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди занбӯриасалпарвариро яке аз воситаҳои пасткунандаи камбизоатӣ ва таъминкунандаи шуғли деҳот муайян кардааст.
Сарватҳои зеризаминии ноҳия: пахтасанги кӯҳӣ (асбест), молибден, мармар ва ғайра; инчунин конҳои никел, оҳансанг ва оҳак мавҷуданд.
=== Муҳоҷирати меҳнатӣ ===
Мисли аксари минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон, иқтисодиёти хонаводаҳои Ванҷ ба таври назаррас аз муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳаволапулиҳо вобаста аст. Тибқи арзёбии [[Бонки Ҷаҳонӣ]] аз моҳи ноябри соли 2025, ҳаволапулиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ беш аз 30 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд ва, гарчанде вобастагӣ ба ин маблағҳо сатҳи камбизоатиро коҳиш додааст, нобаробарии даромад (нишондиҳандаи Гини) аз 32 то 38 дар байни солҳои 2021 ва 2023 афзудааст; ВМКБ дар қатори минтақаҳое зикр шудааст, ки бо маҳдудиятҳои шадиди ҷуғрофиву иқлимӣ рӯбарӯянд.<ref name="ref121">[https://www.worldbank.org/en/country/tajikistan/publication/poverty-and-equity-assessment Tajikistan Poverty and Equity Assessment] (англ.) // Бонки Ҷаҳонӣ, 22 сентябри 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Пажӯҳиши умумимиллии соҳаи тандурустӣ доир ба муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон нишон додааст, ки дар байни панҷ минтақаи кишвар (Душанбе, ВМКБ, Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ), ҳиссаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар аҳолии ВМКБ (49,59 фоиз аз намунаи пажӯҳишӣ) назар ба дигар минтақаҳо (камтар аз 32 фоиз) хеле баландтар будааст.<ref name="ref122">[https://pmc.ncbi.nlm.nih.gov/articles/PMC11679146/ Inclusion of Labor Migrants as a Potential Key Population for HIV: A Nationwide Study from Tajikistan] (англ.) // PMC/NCBI. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар маҷмуи умумимиллӣ, беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон ҳарсола барои кор ба Русия мераванд; ҳаволапулиҳо дар соли 2013 қариб нисфи маҷмуи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медоданд, ки то соли 2018 ба тақрибан 30 фоиз (2,2 миллиард доллари ИМА) коҳиш ёфт.<ref name="ref123">[https://www.migrationpolicy.org/article/dependent-remittances-tajikistan-prospects-dim-economic-growth Dependent on Remittances, Tajikistan\\\'s Long-Term Prospects for Economic Growth and Poverty Reduction Remain Dim] (англ.) // Migration Policy Institute. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Саноат ===
Дар ноҳия корхонаҳои хурди саноатӣ – сехи чӯҷабарорӣ, заводи хишти ''«Лугад»'', ҶДММ ''«Хрустал»'' – фаъолият доранд. Дар Ванҷ бозорҳои марказӣ ва марзӣ низ амал мекунанд.
25 июни соли 2025 дар ноҳия корхонаи истеҳсоли калсит, коркарди мармар ва сангҳои ороишии ҶСК ''«Мармар Стоун»'' ба кор шурӯъ кард, ки иқтидори солонаи он 40 ҳазор тонна маҳсулот буда, 40 сокини маҳаллиро бо ҷои кори доимӣ таъмин намудааст. Корхона чор хатти истеҳсолӣ дорад ва дар он беш аз 20 навъи санги табиӣ коркард мешавад; иқтидори истеҳсоли тахтасангҳои ороишӣ (мозаика) 10 ҳазор м³ ва коркарди санги мармар 160 ҳазор м³ дар як солро ташкил медиҳад.<ref name="ref124">[https://asiaplustj.info/tj/node/350189 Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ аз Ванҷ оғоз шуд. Президент дар ин ноҳия кадом иншоотро ба истифода дод?] // Asia-Plus, 25 июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="ref125">Ифтитоҳи корхонаҳои истеҳсоли калсит, коркарди мармар ва сангҳои ороишии ҶСК «Мармар Стоун» дар ноҳияи Ванҷ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
Дар ҳамон рӯз Парки саноатии ноҳия мавриди истифода қарор гирифт, ки дар масоҳати 788 м² ҷойгир буда, 6 корхонаи хурди истеҳсолиро фаро мегирад: истеҳсоли макарон, бандубасти маҳсулоти лӯбиёгӣ, коркарди равғани чормағз, коркард ва бандубасти меваи хушк, истеҳсоли собун ва дару тирезаҳои пластикӣ. Фаъолияти парк дар маҷмуъ 36 сокини маҳаллиро бо кор таъмин мекунад.<ref name="ref124" /><ref name="ref126">Ифтитоҳи Парки саноатии ноҳияи Ванҷ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
Дар доираи ҳамин парк, инчунин корхонаи коркарди равғани ангат (Hippophae rhamnoides) – растании шифобахши худрӯй, ки дар қад-қади дарёҳои ноҳия фаровон мерӯяд – ба кор шурӯъ кардааст; иқтидори он то 500 килограмм равғани холис дар як сол буда, аз ин ашё то 12 навъи маҳсулоти фармасевтию косметологӣ омода карда мешавад.<ref name="ref127">Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ // Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ, июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Пеш аз таъсиси ин корхона, дар деҳаи Ғуҷоваст соҳибкорзан Васила Ғафурова коргоҳи хурди коркарди ангатро таъсис дода буд, ки маводи он берун аз ноҳия низ харидор пайдо кардааст.<ref name="ref124" /> Барои дастгирии соҳибкории хурду миёна дар солҳои 2018-2019 ба соҳибкорони ноҳия зиёда аз 6,5 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шудааст.<ref name="ref128">Сафарҳои дохилӣ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Энергетика ===
Дар Ванҷ чандин неругоҳи хурди барқи обӣ (НБО) фаъолият мекунад. Аз ҷумла, НБО-и ''«Техарв»'' дар дарёи Ванҷ бо иқтидори 400 кВт таҷдид гардида, ба шабакаи ягонаи барқи кишвар пайваст карда шудааст; НБО-и ''«Андарбак»'' дар водии Язғулом ба шабакаи ширкати ''«Помир Энерҷӣ»'' пайваст аст.<ref name="ref129">[http://www.cawater-info.net/best-practices/ru/base/marker/21 Реконструкция МГЭС Техарв на реке Ванч мощностью 400 кВт в Ванчском районе Горно-Бадахшанской автономной области] (рус.) // CAWater-Info. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Таҳлилҳои соли 2021 нишон дода буданд, ки шабакаҳои барқии ноҳия ҳамагӣ 2,6 мегаватт барқ истеҳсол мекунанд, дар ҳоле ки барои фаъолияти пуриқтидори корхонаҳои нави саноати кӯҳӣ (ба мисли ''«Мармар Стоун»'') беш аз 5,6 мегаватт лозим буд.<ref name="ref130">Имсол дар Ванҷ дар 15 гектар боғи нав бунёд карда шуд // АМИТ «Ховар», июли 2021. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Моҳи июни соли 2025 хатти интиқоли барқи дузанҷираи 35 ва 110-киловолтаи Хоруғ-Рӯшон бо дарозии 67,5 км ва зеристгоҳи ''«Ҷангал»'' ба маблағи умумии 114 миллион сомонӣ ба истифода дода шуд, ки интиқоли муназзами неруи барқро ба ноҳияҳои Рӯшон, Ванҷ ва Дарвоз ба маротиб беҳтар мегардонад; ҳамзамон сохтмони хатти 42-километраи интиқоли барқи 110-киловолта аз маркази ноҳияи Рӯшон то зеристгоҳи ''«Вознавд»'' оғоз ёфт, ки ба истифода додани он дар нимсолаи аввали соли 2026 пешбинӣ шудааст.<ref name="ref131">[https://khovar.tj/2025/06/suhanronii-prezidenti-um-urii-to-ikiston-peshvoi-millat-emomal-ra-mon-dar-mulo-ot-bo-ro-baron-va-faoloni-viloyati-muhtori-k-istoni-badahshon/ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон] // АМИТ «Ховар», июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Нақлиёт ===
Нақлиёти ноҳия асосан автомобилист; як фурудгоҳи хурд ҳам дар шаҳраки Ванҷ (Рохарв) вуҷуд дорад. Қаламрави ғарбии ноҳия дар масири шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Мурғоб-Қулма қарор дорад; лоиҳаи таъмиру таҷдиди қитъаи ин шоҳроҳ аз Қалъаихумб то Ванҷ ва сарҳади ноҳияи Рӯшон арзиши умумии 2,5 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки то имрӯз корҳо ба маблағи 900 миллион сомонӣ анҷом ёфтаанд.<ref name="ref132">Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ванҷ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> 25 июни соли 2025 роҳи мошингарди маркази ноҳия то нуқтаи пайвастшавӣ ба ин шоҳроҳ, иборат аз ду хатти ҳаракат бо дарозии умумии 16 км, пас аз таҷдид ба истифода дода шуд; дар дарозои роҳ истгоҳҳои нақлиётӣ ва гузаргоҳҳо барои пиёдагардон бунёд гардидаанд.<ref name="ref124" /><ref name="ref133">Ифтитоҳи роҳи маркази ноҳияи Ванҷ то нуқтаи пайвастшавӣ ба шоҳроҳи Душанбе--Кулма // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
23 июни соли 2025 ширкати ҳавопаймоии ''«Тоҷик Эйр»'' пас аз ёздаҳ соли танаффус (парвози охирин соли 2014 сурат гирифта буд) хатсайри ҳавоии Душанбе-Ванҷ-Душанберо аз нав кушод: парвози нахустин бо 15 мусофир анҷом ёфт. Парвоз дар ин масир 50 дақиқа тӯл кашида, тибқи ҷадвал ҳафтае як маротиба, рӯзҳои ҷумъа, бо ҳавопаймои Ан-28 иҷро мешавад ва нархи чипта дар як самт 750 сомонӣ муайян гардидааст.<ref name="ref134">[https://asiaplustj.info/tj/node/350087 Оғози парвози ҳавопаймоӣ миёни Душанбе ва Ванҷ. Аввалин парвоз кай ва нархи чипта чанд аст?] // Asia-Plus, июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="ref135">[https://asiaplustj.info/tj/node/350121 Пас аз 11 сол. Аввалин парвози ҳавопаймо дар масири Душанбе-Ванҷ-Душанбе анҷом ёфт] // Asia-Plus, 23 июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар доираи татбиқи ''«Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»'' (қабулшуда 28 июни соли 2024), 24 феврали соли 2026 дар шафати роҳҳои мошингарди ноҳияи Ванҷ беш аз 2000 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва сояафкану мевадиҳанда шинонида шуд.<ref name="ref136">[https://khovar.tj/2026/02/daraht-binshon-dar-shafati-ro-oi-moshingardi-van-besh-az-2000-beh-ni-ol-shinonida-shud/ ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳҳои мошингарди Ванҷ беш аз 2000 бех ниҳол шинонида шуд] // АМИТ «Ховар», 24 феврали 2026. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Фарҳангу маориф ==
Пеш аз инқилоб аҳолии маҳаллии Ванҷ дар масҷидҳо ва хонаҳои муллоён хатту савод меомӯхтанд ва на ҳама ақшори мардум фурсат ва имкони саводомӯзӣ доштанд. Аз ин рӯ нисбати саводнокӣ дар миёни онҳо хеле паст буд ва ба сахтӣ метавонист ба 3-10 % бирасад. Саводомӯзии саросарии аҳолиро ҳукумати шӯравӣ ба роҳ монд.
Соли 1926 нахустин мактаб дар минтақа фаъолияти худро оғоз намуд: дар он танҳо 1 муаллим – Одил Боқиев (аз деҳаи Чихох) кор мекард ва 25 талаба дар он ҷо дарс меомӯхтанд. Соли 1930 шумораи муаллимон ба 7 нафар расид. Дар авохири даҳаи 30-юми асри XX тақрибан дар ҳамаи маҳалҳои сераҳолии деҳшӯроҳои Ванҷ мактабҳои ибтидоӣ таъсис ёфтанд, ки бештари бачагону наврасон дар онҳо таҳсил мекарданд.
Тобистони соли 1941 (дар арафаи [[Ҷанги Бузурги Ватанӣ]]) дастгоҳи кинонамоишдиҳӣ дар Ванҷ сохта, ба марҳалаи истифода расид. Соли 1941 дар вилоят 41 китобхона вуҷуд дошт, аз ҷумла китобхонаи ноҳиявӣ дар маркази Ванҷ ва 12 чойхонаи сурх. Дар аввали моҳи апрели соли 1930 дар яке аз деҳаҳои баландкӯҳи водии Ванҷ – Рованд нахустин маҷлиси ҷавонон баргузор шуд.
Дар соли таҳсилии 2011-2012 дар ноҳияи Ванҷ 50 мактаб, аз ҷумла 23 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 4 мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, 13 мактаби ибтидоӣ, мактаб-интернат ва муассисаи томактабӣ вуҷуд дошт. Дар ҳамин сол дар мактабҳои ноҳия 7437 талаба таҳсил мекард, ки ба онҳо 928 муаллими соҳибмаълумоти олӣ дарс медоданд.
25 июни соли 2025 дар деҳаҳои Мотравн, Будун, Вишхарв, Жамаг, Бунай, Техарв ва Ғиҷовасти ноҳия 7 кӯдакистони нав ифтитоҳ гардид: чор кӯдакистон аз ҳисоби буҷети маҳаллии вилоят ва се кӯдакистони дигар аз ҳисоби сокинони деҳаҳо тариқи ҳашар сохта шудаанд. Ин муассисаҳо аз 20 синфхона иборат буда, барои 380 тарбиятгиранда пешбинӣ шудаанд ва дар онҳо 34 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.<ref name="ref124" /><ref name="ref137">[https://khovar.tj/2025/06/peshvoi-millat-emomal-ra-mon-dar-no-iyai-van-ba-tavri-ma-oz-7-muassisai-talimii-tomaktabiro-iftito-namudand/ Ифтитоҳи 7 кӯдакистон дар ноҳияи Ванҷ] // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
Дар Ванҷ 45 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 1 театр, 13 клуб, 2 автоклуб, 5 хонаи фарҳанг, 25 китобхона бо фонди 114 960 нусха китоб фаъолият мекунад. Рӯзномаи ноҳиявӣ бо номи ''«Ватан»'' нашр мешавад: тибқи маълумоти Энсиклопедияи миллии тоҷик, ин нашрия соли 1937 ҳамчун органи Кумитаи Ҳизби коммунистӣ ва кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи ноҳия бо номи ''«Ҳақиқати Ванҷ»'' ба нашр расида, нахустин сардабираш Пирумшо Роҳатов буд; аз соли 1963 он бо номи ''«Ватан»'' моҳе як бор нашр мешавад ва адади нашраш дар соли 2014 ба 1200 нусха расидааст.<ref name="ref2182" /> Рӯзнома дар тӯли даҳсолаҳо нақши муҳимро дар инъикоси ҳаёти фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии Ванҷ бозидааст.
Ванҷ ҳамчунин дорои мероси ғании эҷодиёти шифоҳии мардумӣ – афсонаҳо, қиссаҳо, зарбулмасалҳо ва чистонҳо – мебошад, ки аз насл ба насл интиқол ёфта, ҷаҳонбинӣ ва арзишҳои ахлоқии сокинони минтақаро инъикос мекунанд; намунаҳои қадимтарини сабтшудаи чунин фолклор ба маҷмуаи Семёнов (1903) тааллуқ доранд (ниг. боло, бахши ''«Осори таърихӣ»''). Бо вуҷуди ин, қисми зиёди ин мероси шифоҳӣ то ҳол ба таври пурра ҷамъоварӣ ва илман таҳқиқ нашудааст.
== Тиб ==
Аввалин иттилои тиббии сабтшуда дар бораи Ванҷ ба гузориши капитан Кузнецов (соли 1892) рост меояд, ки паҳншавии бемории зоб (гулбандварамӣ)-ро дар байни дигар бемориҳои маъмули Дарвоз махсус қайд кардааст:
''«Изъ другихъ болѣзней особенно развитыхъ въ Дарвозѣ, слѣдуетъ отмѣтить зобъ, главнымъ образомъ по рѣкѣ Ванчъ.»''
Тарҷума: ''«Аз дигар бемориҳое, ки дар Дарвоз хеле паҳн шудаанд, бояд зобро қайд кард, ки асосан дар канори дарёи Ванҷ вомехӯрад»''.<ref name="ref138">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 51.</ref>
Соли 1939 дар Ванҷ маркази тиббӣ ва бемористоне барои 10 кат сохта шуда буд. Ин иттифоқ дар канори душвориҳои азиме ба вуҷуд омад: то оғози асри XX дар водӣ тибби илмӣ вуҷуд надошт ва сокинон танҳо ба гиёҳдармонӣ ва дуохонӣ такя мекарданд, ки боиси сатҳи баланди фавти модарону кӯдакон мегардид.<ref name="ref49" /> Тибқи як таҳқиқи диссертатсионӣ, гузариш ба тибби муосир бо муқовимати шадид ҳамроҳ буд: соли 1929 табиби рус Спажев, ки барои расонидани кумаки аввалияи тиббӣ ба Ванҷ фиристода шуда буд, аз ҷониби дастаҳои босмачӣ ба қатл расонида шуд – ҳодисае, ки соли 1931 бо қатли табиб Олхов дар ноҳияи ҳамҷавори Қалъаихумб такрор ёфт.<ref name="ref139">Диссертатсия // Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ.</ref> Муҳоҷирати маҷбурии соли 1954-и сокинони водии Язғулом ба водии гарми Вахш низ оқибатҳои вазнини беҳдоштӣ – бемории оммавӣ ва фавти зиёди кӯдакон – ба бор овард, ки яке аз сабабҳои бозгашти тадриҷии як қисми муҳоҷирон ба зодгоҳашон гардид.<ref name="ref49" />
Ҳоло дар ноҳия як беморхонаи марказӣ (дар шаҳраки Рохарв, дорои 6 шуъбаи бистарикунонӣ), як беморхонаи минтақавӣ дар водии Язғулом, 22 бунгоҳи тиббӣ, маркази назорати беҳдоштӣ (санитарию эпидемиологӣ) ва 4 дорухона фаъолият доранд. Тибқи маълумоти соли 2023, ба ин шабака 57 310 нафар бемор муроҷиат кардааст – ба ҳисоби миёна беш аз 1,6 маротиба барои ҳар сокини ноҳия дар як сол.<ref name="ref140">Ванҷ. Роҳандозии тадбирҳо дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар сохтори марказии шабака 47 духтури дорои маълумоти олӣ ва 193 корманди миёнаи тиббӣ кор мекунанд; рақами 369 нафар пизишки дорои маълумоти олӣ, ки дар маъхазҳои умумӣ оид ба ноҳия зикр мешавад, эҳтимол тамоми мутахассисони тиббии ҳудуди ноҳияро – аз ҷумла дорухонаҳо, СЭС ва муассисаҳои хусусиро – дар бар мегирад.<ref name="ref140" />
Дар водии дурдасти Язғулом, ки пеш аз истиқлол мардум маҷбур буданд беморони вазнинро тавассути чорвои борбар ба масофаҳои дур интиқол диҳанд, имрӯз як дармонгоҳи минтақавӣ, ду маркази саломатӣ, се бунгоҳи тиббӣ дар деҳаҳои дурдаст ва як таваллудхонаи махсусгардонидашуда фаъолият доранд.<ref name="ref140" /> Дар деҳаи Гармчашмаи ҷамоати Рованд, наздики лозури Ванҷях, як маркази саломатии муосир бо ҳамкории Вазорати тандурустӣ ва Хадамоти ҳифзи сиҳатии [[Бунёди Оғохон]] (Aga Khan Health Services) сохта шудааст.<ref name="ref141">Ифтитоҳи маркази саломатӣ дар ноҳияи Ванҷ // АМИТ «Ховар», сентябри 2015. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар доираи барномаи миллии рушди инфрасохтори тиббӣ, соли 2025 сохтмони бинои нави Беморхонаи марказӣ барои 120 кат бо арзиши 114 миллион сомонӣ оғоз гардид.<ref name="ref142">Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Ванҷ // Президенти Тоҷикистон, 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Барои ҳалли норасоии кадрҳо, тайи давраи соҳибистиқлолӣ 142 нафар хатмкунандаи ноҳияи Ванҷ дар муассисаҳои олии тиббии ҷумҳурӣ (пеш аз ҳама Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино) таҳсил кардаанд, ки аз ин шумора 40 нафар тавассути квотаи президентӣ буда, соли 2025 боз 22 нафари дигар ба ҳамин квота фаро гирифта шуданд.<ref name="ref142" /> Барномаи ''«Корвони саломатӣ»''-и Вазорати тандурустӣ низ борҳо ба Ванҷ ташриф оварда, ба табибони маҳаллӣ таҷрибаандӯзӣ фароҳам овардааст.<ref name="ref143">«Корвони саломатӣ». Сокинони ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ бо хизматрасонии ройгони тиббӣ фаро гирифта шуданд // АМИТ «Ховар», майи 2022. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Бо сабаби баландкӯҳ будани минтақа, Ванҷ таърихан ба минтақаҳои паҳншавии бемории ҷоғвар (норасоии йод) мансуб буд; тибқи маълумоти таҳлилӣ, дар натиҷаи стратегияи миллии йодизатсияи намак сатҳи паҳншавии ин беморӣ дар давраи солҳои 2019-2023 то 72 фоиз коҳиш ёфтааст.<ref name="ref144">Авҷи Зуҳал, № 2, 2025.</ref> Бо назардошти сатҳи баланди муҳоҷирати меҳнатии сокинони ноҳия, маркази маҳаллии мубориза бар зидди ВНМО (ВИЧ) корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни ҷавонон пайваста мегузаронад.<ref name="ref140" /> Дар давраи пандемияи [[COVID-19]] Беморхонаи марказии Ванҷ шуъбаи бемориҳои сироятиро ба реҷаи фавқулодда гузаронид, ва моҳи июни соли 2020 тибқи барномаи дастгирии [[Иттиҳоди Аврупо]] ба ин муассиса таҷҳизоти муҳофизати инфиродӣ (PPE) расонида шуд.<ref name="ref145">EU timeframe for PPE distribution // Хадамоти амали берунии Иттиҳоди Аврупо (EEAS), июни 2020. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Беморхонаи марказӣ соли 2014 пурра ба низоми гармкунии барқӣ (аз ҳисоби неругоҳҳои хурди барқи обӣ) гузашт, ҳарчанд барои ҳолатҳои фавқулодда ҳарсола захираи эҳтиётии сӯзишворӣ нигоҳ дошта мешавад.<ref name="ref146">Беморхонаи Ванҷ ба низоми гармкунии барқӣ гузашт // АМИТ «Ховар», январи 2014. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Тибқи санҷиши Агентии амнияти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳо (июли 2024), Беморхонаи марказии Ванҷ талаботи қонунгузории бехатарии радиатсиониро пурра риоя намуда, дараҷаи хатари фаъолияти он ''«паст»'' арзёбӣ шудааст.<ref name="ref147">[https://cbrn.tj/ Феҳристи Агентии амнияти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ (cbrn.tj)]. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Варзиш ==
Ванҷ аз даврони қадим бо гуштигирони номвари худ шуҳратёр буд. Номи паҳлавонони ванҷӣ – Амонат, Сулаймон, Дилдор, Хушдил, Худоӣ, Ҳиммат, Ш. Дилов, Алифбек ва дигарон то кунун ба некӣ ёд мешавад ва қиссаҳои майдондориашон ҳанӯз вирди забони хосу ом аст. Соли 2024 гӯштини миллии тоҷикӣ ([[гӯштингирӣ]]) дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта шуда, мақоми расман байналмилалӣ касб кард; шумораи мусобиқаҳои ин намуди варзиш дар саросари ҷумҳурӣ аз 485 адад дар соли 2020 то тақрибан 4000 адад дар соли 2022 афзудааст.<ref name="ref148">[https://mfa.tj/tg/brussels/view/12033/gushtini-tojiki-maqomi-bainalmilali-girift Гӯштини тоҷикӣ мақоми байналмилалӣ гирифт] // Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Паҳлавони ванҷӣ [[Шакармамад Мирмамадов]], ки дар якчанд намуди варзиш (ҷудо, кураш, гӯштингирӣ) рақобат мекунад, яке аз муваффақтарин варзишгарони вазни сангини Тоҷикистон дар даҳсолаи охир аст: соҳиби медали биринҷии Бозиҳои XVIII осиёии соли 2018 дар Ҷакарта (ҷудо, +100 кг),<ref name="ref149">Бозиҳои XVIII осиёӣ: Шакармамад ҳам соҳиби медали биринҷӣ гардид // Радиои Озодӣ. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> медали тиллои Чемпионати 13-уми Осиё оид ба кураш дар Теҳрон (июни 2024)<ref name="ref150">Шакармамад Мирмамадов қаҳрамони Осиё оид ба кураш // Варзиш ТВ. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> ва медали тиллои Нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ дар Душанбе (28-31 августи 2024, бо иштироки беш аз 200 варзишгар аз 63 давлат) гардид.<ref name="ref151">Варзишгари тоҷик Шакармамад Мирмамадов дар нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ медали тилло ба даст овард // АМИТ «Ховар», августи 2024. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар мусобиқаҳои Наврӯзии байналмилалӣ дар Хоруғ (марти 2025) ва Рашт (апрели 2026) низ ғолиб омада, ҳарду бор соҳиби автомобил гардид.<ref name="ref1" /><ref name="ref152">[https://khovar.tj/2026/04/mu-ammadin-shodmon-far-od-va-shakarmamad-so-ibi-sho-oiza-oi-musobi-ai-g-shtini-millii-no-iyai-rasht-shudand/ Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд] // АМИТ «Ховар», 15 апрели 2026. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
25 марти соли 2020 дар ҷамоати деҳоти Язғулом бахшида ба Наврӯз мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ баргузор гардид, ки дар он беш аз 300 нафар паҳлавон на танҳо аз Ванҷ, балки аз Душанбе, [[Бохтар]], Кӯлобу Хоруғ ва ноҳияҳои Дарвозу Рӯшон иштирок карданд.<ref name="ref1" />
Дар ноҳия беш аз 40 иншооти варзишӣ мавҷуд аст. 25 июни соли 2025 дар деҳаи Убари Даргов толори варзишӣ бо масоҳати умумии 615 м², иборат аз толори асосӣ, толори тенниси рӯи миз ва ҳуҷраҳои ёрирасон, ба истифода дода шуд.<ref name="ref124" /><ref name="ref153">Ифтитоҳи толори варзишӣ дар деҳаи Убари Даргови ноҳияи Ванҷ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref> Ҳамчунин, 15 ноябри соли 2025, дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар деҳаи Андарбоғи ҷамоати Язғулом толори варзишии замонавӣ, ки бо маблағи 480 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст, ба истифода дода шуд.<ref name="ref14" /> Пеш аз ин, 11 сентябри соли 2018 бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамин ҷамоати Язғулом низ як толори варзишӣ ба истифода дода шуда буд.<ref name="ref15" />
Ба ғайр аз гӯштин, дар солҳои охир [[волейбол]] низ дар ноҳия рушд кардааст: дар мусобиқаи маҳаллӣ 7 дастаи волейболи ҷавонон иштирок доранд, ва дастаи ноҳияи Ванҷ дар Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявии волейбол дар ноҳияи Восеъ дар қатори дастаҳои пуриқтидоре чун ''«Регар ТадАЗ»'' ва дастаи шаҳри Душанбе иштирок карда, рақобати арзанда нишон додааст.<ref name="ref154">[https://khovar.tj/2025/06/regar-tadaz-dar-musobi-a-oid-ba-volejbol-dar-no-iyai-vose-sazovori-sho-oiza-gardid/ «Регар ТадАЗ» дар мусобиқа оид ба волейбол дар ноҳияи Восеъ сазовори Шоҳҷоиза гардид] // АМИТ «Ховар», июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар Бозиҳои осиёии соли 2018, ки [[самбо]] бори аввал ба барномаи он дохил шуда буд, Тоҷикистонро дар қатори дигарон ду варзишгари ҷавон – Ҷомии Ҳасанӣ ва Сомон Сангов – намояндагӣ карданд.<ref name="ref149" />
== Шахсиятҳои маъруф ==
[[Мулло Муҳаммадёри Ванҷӣ]] (машҳур ба Мулло Ёр) – шоири маъруфи мардумии тоҷик, зодаи деҳаи Ғумаяки водии Ванҷ; мероси ӯ то имрӯз дар байни мардуми кӯҳистони тоҷик маҳбубият дорад.<ref name="ref2" />
=== Илмҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ ===
Раҳим Масов (16 ноябри 1939, деҳаи Мудеҳарви ноҳияи Ванҷ – 21 июни 2018, Душанбе) – таърихшиноси барҷастаи тоҷик, доктори илмҳои таърих, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон; солҳои 1988–2015 директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш.<ref name="ref155">[https://khovar.tj/rus/2022/11/akademik-rahim-masov-zhizn-posvyashhennaya-otstaivaniyu-natsionalnyh-interesov-tadzhikistana-segodnya-velikomu-uchenomu-ispolnilos-by-83-goda/ Академик Рахим Масов: жизнь, посвящённая отстаиванию национальных интересов Таджикистана] (рус.) // НИАТ «Ховар», 16 ноябри 2022. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="ref156">[https://asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/society/20180621/segodnya-v-dushanbe-skonchalsya-akademik-rahim-masov Сегодня в Душанбе скончался академик Рахим Масов] (рус.) // Азия-Плюс, 21 июни 2018. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Ҳайдаршо Пирумшоев (таваллуд 30 декабри 1944, ноҳияи Ванҷ) – таърихшинос, доктори илмҳои таърих, профессор; муаллифи асарҳои ''«Ванҷ»'' (М., 2004), ''«Ванҷи ману ганҷи ман»'' (Душанбе, 2013) ва таҳқиқоти сершумор оид ба таърихи Бадахшону Помир.<ref name="ref157">[https://asiaplustj.info/tj/node/356410 Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо... 30 декабри соли 2025] // Asia-Plus. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
[[Комил Бекзода]] (Беков Комилҷон; таваллуд 9 январи 1945, деҳаи Узбайи ноҳияи Ванҷ) – файласуфи тоҷик, доктори илмҳои фалсафа.<ref name="ref158">[https://www.ozodi.org/a/600091.html Комил Бекзода Наврузро ҷашни орзуҳо медонад - Радиои Озодӣ]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Хатмкардаи шуъбаи забони арабии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1967), беш аз ҳафт сол дар Миср ва Яман ба ҳайси тарҷумон кору фаъолият намуд.<ref name="ref159">[https://kmt.tj/komil-bekzoda-fajlasufe-bo-andeshai-milly/ Комил Бекзода – файласуфе бо андешаи миллӣ - Китобхонаи миллии Тоҷикистон]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Соли 1988 рисолаи номзадӣ дар мавзӯи «Муҳаммади Шаҳристонӣ – муаррихи дин ва фалсафа» ва соли 2019 рисолаи доктории худро таҳти унвони «Нақши шуубия дар таърихи худшиносии халқи тоҷик» ҳимоя намуд.<ref name="ref159" />
Авсамад (Абдусамад) Ҳайдаров (таваллуд 1 октябри 1961, деҳаи Бунайи ноҳияи Ванҷ) – забоншинос ва педагог, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент.<ref name="ref160">[[Авсамад Ҳайдаров|Авсамад Ҳайдаров — Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Хатмкардаи факултети шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1986), солҳои 1986–1988 дар ҳайати қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон хидмат кард.<ref name="ref160" /> Соли 2012 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи ислоҳоти маорифи Аҳмади Дониш дифоъ намуд ва соли 2019 китоби ''«Фарҳанги тафсирии мухтасари луғоти шеваи ҷанубу шарқии забони тоҷикӣ»''-ро таълиф кард, ки дар он, аз ҷумла, этимологияи вожаи «Ванҷ» таҳлил шудааст.<ref name="ref10" /><ref name="ref160" />
{| class="wikitable"
!'''Ҷадвали 6. Намояндагони барҷастаи илмҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ аз ноҳияи Ванҷ'''
|-
|'''Ному насаб'''
|'''Соҳаи фаъолият'''
|'''Асарҳо ва дастовардҳои калидӣ'''
|'''Унвони илмӣ / Мақом'''
|-
|Раҳим Масов
|Таърихнигорӣ
|Таҳқиқи тақсимоти ҳудудии миллӣ дар Осиёи Миёна
|Академик, директори Институти таърих (1988–2015)
|-
|Ҳайдаршо Пирумшоев
|Таърихнигорӣ
|''«Ванҷ»'' (2004), ''«Ванҷи ману ганҷи ман»'' (2013)
|Доктори илмҳои таърих, профессор
|-
|Авсамад Ҳайдаров
|Педагогика, забоншиносӣ
|Таҳқиқи афкори Аҳмади Дониш, ''«Фарҳанги тафсирии мухтасари луғот...»''
|Номзади илмҳои педагогӣ, дотсент
|}
=== Илмҳои табиатшиносӣ ===
Кабут Вазиров (15 ноябри 1938 – 13 июли 2019) – муҳандис-геолог, номзади илмҳои геология ва минералогия (1975), профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои муҳандисии Тоҷикистон (2003).<ref name="ref161">[[Кабут Вазиров|Кабут Вазиров — Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Зодаи ноҳияи Ванҷ, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1961), муаллифи зиёда аз 400 мақолаи илмию методӣ, 4 китоби дарсӣ ва 3 монография оид ба сарватҳои зеризаминии Тоҷикистон.<ref name="ref161" /> Пас аз даргузашти ӯ хонаводааш 638 нусха китоб аз китобхонаи шахсиаш ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон тақдим намуданд.<ref name="ref162">[http://old.kmt.tj/beshtar-az-600-kitobi-kabut-vazirov-ba-kitobhonai-milli-takdim-shud Бештар аз 600 китоби Кабут Вазиров ба Китобхонаи миллӣ тақдим шуд]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
Саид Савлатов (таваллуд 17 майи 1940, деҳаи Чихохи ноҳияи Ванҷ) – биолог, дотсент, номзади илмҳои биологӣ (1972).<ref name="ref163">[[Саид Савлатов|Саид Савлатов — Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Таҳқиқоти ӯ ба масъалаҳои растанипарварӣ, ҳашаротшиносӣ ва меросгузории аломатҳо дар наслҳои гибридии пахта бахшида шудаанд; солҳои 1984–1989 мудири кафедраи зоологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ буд ва бо нишони «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (1984) сарфароз гардидааст.<ref name="ref163" />
=== Адабиёт ва рӯзноманигорӣ ===
Дар марҳилаи адабиёти шӯравӣ ва пасошӯравӣ, Басир Расо (13 июли 1931 – 11 июли 2010), зодаи деҳаи Водхуд, ба яке аз чеҳраҳои шинохтаи адабиёти танзу ҳаҷви тоҷик табдил ёфт; дар кӯдакӣ тарбиятгирандаи хонаи бачагон буд ва дар ансамбли этнографии бачагонаи Помир иштирок мекард, ва фаъолияти меҳнатии худро солҳои 1948–1949 ба ҳайси пионервожатӣ оғоз намуд.<ref name="ref19" /><ref name="ref164">[https://navisandagan.tj/tj/%D1%80%D0%B0%D1%81%D0%BE-%D0%B1%D0%B0%D1%81%D0%B8%D1%80/ РАСО БАСИР - ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref><ref name="ref165">[[Басир Расо|Басир Расо — Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Пас аз хатми факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1956), фаъолияти рӯзноманигории худро дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» ва маҷаллаи «Хорпуштак» оғоз намуд ва аз соли 1964 то охири умраш – беш аз чиҳил сол – сармуҳаррири маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» боқӣ монд.<ref name="ref166">[https://www.ozodi.org/a/2097189.html Даргузашти сардабири "Хорпуштак" - Радиои Озодӣ]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref><ref name="ref164" /> Маҷмӯаҳои ашъори ӯ, аз қабили ''«Дар боргоҳи нур»'', ''«Нидои дӯст»'' ва ''«Баҳори орзӯ»'', ба жанри ғазал ва шеъри лирикӣ низ тааллуқ доранд; ӯ дорои унвони «Ходими шоистаи маданияти Тоҷикистон» буд.<ref name="ref165" />
Дар соҳаи журналистикаи муосир ва таҳлилӣ, рӯзноманигори собиқадор Аслам Додихудоев (1946–2023) нақши босазо дошт ва дар инкишофи матбуоти даврӣ ва мактаби журналистикаи таҳлилии кишвар саҳм гузоштааст.<ref name="ref167">[[:ru:Додихудоев|Додихудоев - Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Тибқи феҳристи категорияи «Зодагони ноҳияи Ванҷ»-и Википедияи тоҷикӣ, дигар аҳли қалам ва рӯзноманигорони зодаи ин ноҳия – аз ҷумла Хилватшоҳи Маҳмуд, Бурҳон Раҳмон, Наврӯз Гулзода ва Насрин Идибеков – низ дар ғанигардонии фазои адабӣ ва иттилоотии кишвар саҳм доранд.<ref name="ref168">[[:Гурӯҳ:Зодагони ноҳияи Ванҷ|Гурӯҳ:Зодагони ноҳияи Ванҷ — Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
=== Санъати тасвирӣ ва мусиқӣ ===
Анваршо Сайфиддинов, Арбоби ҳунар ва Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон, аз соли 1984 узви Иттифоқи рассомони собиқ ИҶШС буда, дар доираҳои ҳунарӣ ба унвони ғайрирасмии «Шоҳи рангҳо» маъруф аст.<ref name="ref169">[https://farah-info.com/habari-ruz/nigohi-purasrori-anvarsho-sajfiddinov-ba-gety/ Нигоҳи пурасрори Анваршо Сайфиддинов ба гетӣ - Асосӣ - Фараҳ]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Осори ӯ – аз наққошӣ то санъати монументалӣ – рамзҳои фарҳанги бостонии тоҷиконро бо услубҳои муосир омезиш медиҳад; намунаҳои эҷодиёташ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва коллексияҳои Русия, Аврупо ва Осиё маҳфузанд, ва ӯ ҳамчун омӯзгор дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов фаъолият дорад.<ref name="ref169" /> Дар соҳаи санъати амалӣ, устод Маҳмадкарим Рақибов, омӯзгори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва нақшҳои миллӣ фаъолият мебарад.<ref name="ref170">[https://ddstdt.tj/10524-2/ МУСАВВИР - Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Дар соҳаи санъати овозхонӣ, Нуқраи Суннатниё низ ҳамчун яке аз хонандагони шинохтаи зодаи ноҳия ном бурда мешавад.<ref name="ref168" />
=== Идоракунии давлатӣ ва сиёсат ===
Қодири Қосим (таваллуд 9 апрели 1961, ноҳияи Ванҷ) – ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон.<ref name="ref171">Председатель Федерации независимых профсоюзов Таджикистана Кодири Косим выдвинут кандидатом в депутаты Маджлиси намояндагон (рус.) // НИАТ «Ховар», январи 2020. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Маҳмадулло Абдуллоев роҳбарии ноҳияи Ванҷро зиёда аз 20 сол (тахминан солҳои 1980-ум) ба ҳайси котиби якум бар ӯҳда дошт; таҳти роҳбарии ӯ соли 1984 нахустин корхонаи истеҳсоли санги мармар дар Бадахшон ба кор даромад ва боғдории минтақа (аз ҷумла парвариши чормағз дар мавзеи «Ҷангали Зуго» ва навъҳои гуногуни тут) рушд ёфт.<ref name="ref172">[[Деҳоти Маҳмадулло Абдуллоев|Деҳоти Маҳмадулло Абдуллоев — Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Ба ифтихори ин хидматҳо, ҷамоати марказии ноҳия (собиқ ҷамоати Ванҷ) расман ба номи Маҳмадулло Абдуллоев номгузорӣ шудааст.<ref name="ref173">[[:ru:Махмадулло_Абдуллоев_(джамоат)|Махмадулло Абдуллоев (джамоат) - Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
Ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992–1997 ба ҷомеаи зиёии Ванҷ низ талафоти вазнин овард: тибқи феҳристи қурбониён ва бедарак гумшудагони даврони ҷанг, ашхосе чун Қурбонназар Халифаев (соли таваллуд 1967, муаллим), Қурбон Абдуллоев (соли таваллуд 1938) ва Муҳаммадӣ Назарихудоев (соли таваллуд 1955, мудири шуъбаи комиҷроияи ноҳияи Ҷилликӯл) дар байни бедарак гумшудагону кушташудагони ин давра ёд мешаванд.<ref name="ref174">[https://www.ozodi.org/a/31911429.html Рӯйхат. Номи гуруҳе аз қурбониён ва гумшудаҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
{| class="wikitable"
!'''Ҷадвали 8. Намояндагони идоракунии давлатӣ ва ниҳодҳои ҷамъиятӣ аз ноҳияи Ванҷ'''
|-
|'''Ному насаб'''
|'''Давраи фаъолият'''
|'''Вазифа ва саҳми асосӣ'''
|-
|Маҳмадулло Абдуллоев
|Солҳои 1980-ум
|Роҳбари ноҳия (>20 сол), бунёди корхонаи мармар (1984), рушди боғдории саноатӣ
|-
|Қодири Қосим
|Давраи муосир
|Ходими давлатӣ, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил
|}
=== Варзиш ===
Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ [[Мурувватшо Бачабеков]] (1 майи 1944 – 9 сентябри 2023, деҳаи Баравни ҷамоати Водхуд) – бунёдгузори мактаби муосири гӯштини Ванҷ; солҳои 1972–1994 устоди кафедраи тарбияи ҷисмонии Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) буд.<ref name="ref175">[https://www.bomdod.com/2023/09/12/ustodi-pahlavononi-vanj-muruvvatsho-bachabekov-az-dunyo-raft/ Устоди паҳлавонони Ванҷ Мурувватшо Бачабеков аз дунё рафт] // Бомдод, 12 сентябри 2023. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Маҳмадшариф Сулаймонов (зодаи деҳаи Рованд) – устоди дигари варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ дар гӯштини миллӣ, ки зиёда аз панҷоҳ сол дар майдони паҳлавонӣ фаъолият дорад.<ref name="ref176">Суфраи паҳлавонӣ // Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Носир Хусравов (1958 – 9 январи 2024), хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, мураббии варзидаи гӯштини миллӣ ва самбо буд; ҳамчун мудири мактаби варзишии ноҳияи Ванҷ ва сармураббии дастаи мунтахаби самбои ВМКБ даҳҳо варзишгари сатҳи байналмилалиро тарбия кардааст.<ref name="ref177">[https://www.ozodi.org/a/32767418.html Падари ҷаҳонпаҳлавон Хушқадам Хусравов даргузашт - Радиои Озодӣ]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
Хушқадам Хусравов (таваллуд 1 январи 1993, деҳаи Рохарв), писар ва шогирди Носир Хусравов, дар вазни 62 кг оид ба самбо рақобат мекунад.<ref name="ref178">[[:en:Khushqadam_Khusravov|Khushqadam Khusravov - Wikipedia]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Соли 2013 ӯ қаҳрамони ҷаҳон байни ҷавонон гардид, соли 2014 дар Тошканд қаҳрамони Осиё шуд ва соли 2018 дар Бухарести Руминия унвони қаҳрамони ҷаҳон оид ба самборо ба даст овард.<ref name="ref179">[https://khovar.tj/2015/03/medali-tilloi-hush-1179-adam-husravov-dar-1206-omi-1207-a-1203-onii-sambo/ Медали тиллои Хушқадам Хусравов дар Ҷоми ҷаҳонии самбо | АМИТ "Ховар"]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref><ref name="ref180">[[Хушқадам Хусравов|Хушқадам Хусравов — Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
Дастоварди олимпии таърихиро Сомон Маҳмадбеков (таваллуд 24 марти 1999, Иркутск, Русия) ба даст овард; вай дар хонаводаи тоҷикони муҳоҷир, зодагони ноҳияи Ванҷ (Моёншоҳ Маҳмадбеков ва Ҷамила Парвонаева), ба дунё омадааст. Дар Бозиҳои олимпии Париж (2024) ӯ барандаи медали биринҷӣ дар намуди ҷудо гардид.<ref name="ref181">[https://www.bomdod.com/2024/07/31/nahustin-medali-tojikiston-dar-bozihoi-olimpii-poris-ofarinat-supersomon/ НАХУСТИН МЕДАЛИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПОРИС. ОФАРИНАТ, СУПЕРСОМОН! - Пойгоҳи хабарии "Бомдод"]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
Дар деҳаи Вишхарвак муаллими мактаб Рамазон Синонов барои наҷоти як наврас бо хирси ваҳшӣ дастбагиребон шуда, онро мағлуб кард – ҳодисае, ки дар матбуоти маҳаллӣ ҳамчун намунаи паҳлавонии ғайривaрзишии сокинони Ванҷ инъикос ёфт.<ref name="ref182">[https://www.bomdod.com/2021/10/21/muallimi-pahlavoni-vanji-hirsro-haluk-andohtu-ba-zamin-afkand/ МУАЛЛИМИ ПАҲЛАВОНИ ВАНҶӢ ХИРСРО ҲАЛУК АНДОХТУ БА ЗАМИН АФКАНД]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
{| class="wikitable"
!'''Ҷадвали 7. Натиҷаҳои барҷастаи варзишгарони мактаби Ванҷ дар сатҳи байналмилалӣ'''
|-
|'''Варзишгар'''
|'''Намуди варзиш'''
|'''Унвон ва мусобиқа'''
|'''Дастовард'''
|-
|Сомон Маҳмадбеков
|Ҷудо
|Бозиҳои олимпӣ (2024, Париж, Фаронса)
|Медали биринҷӣ
|-
|Хушқадам Хусравов
|Самбо
|Чемпионати ҷаҳон (2018, Бухарест, Руминия)
|Медали тилло
|-
|Хушқадам Хусравов
|Самбо
|Чемпионати Осиё (2014, Тошканд, Ӯзбекистон)
|Медали тилло
|-
|Шакармамад Мирмамадов
|Гӯштингирӣ
|Чемпионати ҷаҳон (2024, Душанбе, Тоҷикистон)
|Медали тилло
|-
|Шакармамад Мирмамадов
|Ҷудо
|Бозиҳои осиёӣ (2018, Ҷакарта, Индонезия)
|Медали биринҷӣ
|-
|Шакармамад Мирмамадов
|Кураш
|Чемпионати Осиё (2024, Теҳрон, Эрон)
|Медали тилло
|}
=== Соҳибкории иҷтимоӣ ва диаспора ===
Баҳор Мирзоев, зодаи деҳаи Бунайи ҷамоати Ҷовидон, дар доираи солҳои 2019–2021 аз пасандозҳои шахсии худ 140 ҳазор сомонӣ барои сохтани пули пиёдагузари замонавӣ болои дарёчаи кӯҳии Даргов (тақрибан 35 метр дарозӣ) сарф намуд, ки барои чор нафар сокинони маҳаллии баргашта аз муҳоҷират ҷойи кори муваққатӣ фароҳам овард.<ref name="ref183">[https://migration.tj/%D1%81%D0%BE%D2%B3%D0%B8%D0%B1%D0%BA%D0%BE%D1%80%D3%A3-%D0%B2%D0%B0%D0%BD%D2%B7%D3%A3-%D0%BF%D1%83%D0%BB%D0%B8-%D0%BF%D0%B8%D1%91%D0%B4%D0%B0%D0%B3%D1%83%D0%B7%D0%B0%D1%80-%D0%BC%D0%B5%D1%81%D0%BE/ Соҳибкорӣ Ванҷӣ пули пиёдагузар месозад - Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
Марҳум Эҳсоншо Мунавваров ва Моёншо Маҳмадбеков ҳамчун тоҷирони шинохта дар Федератсияи Русия, ҳамчун мададрасон ва пуштибони иҷтимоии диаспораи тоҷикони ноҳияи Ванҷ дар хориҷ аз кишвар эътироф шудаанд.<ref name="ref184">[https://pressa.tj/so%D2%B3ibkori-muvaffa%D2%9Bi-van%D2%B7%D3%A3-dar-rusiya-darguzasht/ Соҳибкори муваффақи ванҷӣ дар Русия даргузашт - Pressa.tj]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
Тибқи феҳристи категорияи «Зодагони ноҳияи Ванҷ»-и Википедияи тоҷикӣ, дар қатори шахсиятҳои маъруфи соҳаҳои гуногун инчунин метавон аз Мадатбек Тоҷибеков, Меҳровар Ғайратов, Муриват Бекназаров, Саломи Нуриёни Баравнӣ, Саттор Қувватов, Сафина Иронова, Толиббек Бухориев, Тоҳир Гулов, Шумқор Одинабеков, Ғайратшо Роҳатов ва Қобиламоҳ Баротова ном бурд, ки ҳар кадоме дар рушди бахшҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар саҳм доранд.<ref name="ref168" />
== Ҳукумат ==
Сарвари ноҳияи Ванҷ Раиси ноҳия аст, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мегардад.<ref name="ref3" /> Ниҳоди намояндагии ноҳия – Маҷлиси вакилони халқ мебошад, ки аз тарафи мардуми ноҳия ба муддати 5 сол интихоб мешавад.<ref name="ref3" />
Раисони ноҳия дар тӯли фаъолияти маъмурии он борҳо иваз шудаанд; барои мисол, 17 ноябри соли 2021 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷабори Қосим аз мансаби раиси ноҳияи Ванҷ озод карда шуда, ба ҷои ӯ Мардзода Одинашо Миршаб ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия таъин гардид.<ref name="ref185">[https://sputnik.tj/20211117/barkanori-jabbori-qosim-nazarshozoda-vanj-roshtqala-1043601608.html Раисони Ванҷу Роштқалъа барканор шуданд: раҳбарони нав киянд?] // Sputnik Тоҷикистон, 17 ноябри 2021. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Эзоҳ ==
{{Reflist|30em}}
== Манобеъ ==
* Андреев М. С. Выработка железа в долине Ванча (верховья Аму-Дарьи). – Ташкент, 1926.
* Арандаренко Г. А. Дарваз и Каратегин // Военный сборник. – 1883. – № 11–12.
* Бубнова М. А. Горно-Бадахшанская автономная область. Западный Памир (памятники каменного века – XX в.). – Душанбе, 2008. – (Археологическая карта Таджикистана).
* Бурхан-уд-Дин-хан Кушкеки. Путеводитель по Каттагану и Бадахшану. – Ташкент, 1926.
* Гамильтон А. Афганистан / пер. С. П. Голубинова. – СПб., 1908.
* Гулшанӣ. Таърихи ҳумоюн. – Душанбе, 2006.
* Искандаров Б. И. Восточная Бухара и Памир во второй половине XIX в. Ч. 1-2. – Душанбе, 1962-1963.
* Кисляков Н. А. Калым и приданое у таджиков // Сборник статей по истории и филологии народов Средней Азии, посвящённый 80-летию со дня рождения А. А. Семенова. – Сталинабад, 1953.
* Крыленко Н. В., Щербаков Д. И., Марков К. К. Пять лет по Памиру (Итоги памирских экспедиций 1928, 1929, 1931, 1932, 1933 гг.). – Москва–Ленинград: Издательство Академии наук СССР, 1935.
* Камалиддинов Ш. С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX – начала XIII вв. – Ташкент, 1996.
* Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). – Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893.
* Лашкарбеков Б. Б. Старованджский язык (vanǰivor) // Основы иранского языкознания: Среднеиранские и новоиранские языки / под ред. В. А. Ефимова. – М.: Восточная литература, 2008. – С. 61-109.
* Масов Р. М. К истории Ванчской долины // Мероси ниёгон. – Душанбе, 1999. – № 4. – С. 20-30.
* Мушкетов Д. И. Рохаръ (Кала-и-Ванчъ). – Петроградъ: Типографія М. М. Стасюлевича, 1916. – (Отдѣльный оттискъ изъ тома LII (1916 г.) Извѣстій Императорскаго Русскаго Географическаго Общества № 876).
* Пирумшоев Ҳ. Ванҷ. – М., 2004.
* Пирумшоев Ҳ., Зафаров А. Ванҷи ману ганҷи ман (очерки таърихӣ). – Душанбе, 2013.
* Постников А. В. Схватка на «Крыше Мира»: политики, разведчики и географы в борьбе за Памир в XIX веке. – М.: Памятники исторической мысли, 2001. – ISBN 5-88451-100-0.
* Розенфельд А. З. Ванджские говоры таджикского языка / ЛГУ им. А. А. Жданова. – Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. – 151 с.
* Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. – М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903.
* Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. – Душанбе: СИЭМТ, 2013.
* Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 3. – Душанбе, 2014.
* Эдельман Д. И. Язгулямский язык. – М.: Наука, 1966.
* Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. – М.: Наука (ГРВЛ), 1975. – С. 41-62.
* Языки мира: Иранские языки. III. Восточноиранские языки. – М.: Индрик, 2000.
* Юхновский И. Туркестанские Ведомости. – 1894. – № 65.
* Moseley Chr. (ed.) Atlas of the World's Languages in Danger. – 3rd ed. – Paris: UNESCO Publishing, 2010.
* Paul D., Abbess E., Müller K., Tiessen C., Tiessen G. Language Access and Tajik Language Proficiency among the Yazghulami of Tajikistan. – SIL International, 2010.
== Пайвандҳо ==
* [https://www.vanjiman.com/ Сомонаи vanjiman.com]
* [https://vanj.info/ Торнамои Ванҷ (vanj.info)]
* [http://badakhshon.tj/?page_id=11224 Саҳифаи ноҳияи Ванҷ дар сомонаи расмии ВМКБ]
* [[c:Category:Vanj_District|Парвандаҳо дар Викианбор (Vanj District)]]
{{тоҷикистон-ҷуғ-нопурра}}
{{Тақсимоти маъмурии ВМКБ}}
{{Ноҳияи_Ванҷ}}
[[Гурӯҳ:Ноҳияҳои Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]]
[[Гурӯҳ:Ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]]
[[Гурӯҳ:Ноҳияи Ванҷ]]
05vag4ipo1exhc7ere72ifgbslz2ulc
1482038
1482037
2026-07-26T05:42:57Z
Firdavsi
3353
1482038
wikitext
text/x-wiki
{{ВМ
| Ранг1 = #A5D570
| Номи тоҷикӣ =
| Номи аслӣ = Ноҳияи Ванҷ
| Нишон =
| Парчам =
| Бари нишон =
| Бари парчам =
| Тавсифи нишон =
| Тавсифи парчам =
| Кишвар = [[Тоҷикистон]]
| lat_dir = N
| lat_deg = 38
| lat_min = 22
| lat_sec = 23
| lon_dir = E
| lon_deg = 71
| lon_min = 27
| lon_sec = 19
| region = TJ
| type = District
| Дараҷа =
| CoordScale =
| Суруди миллӣ =
| Мақом = Ноҳияи маъмурӣ
| Тобеъи = [[Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]]
| Шомили = 1 шаҳрак, 6 ҷамоат
| Пойтахт = [[Ванҷ (шаҳрак)|Ванҷ]]
| Шаҳри бузургтарин =
| Шаҳрҳои бузургтарин =
| Таъсис = [[29 май|29 маи]] [[1933]]
| Барҳамхӯрӣ =
| Номҳои пешина =
| Раис = Мардзода Одинашо Миршаб (аз 2022)<ref>{{Cite web|url=http://www.adlia.tj/show_doc.fwx?Rgn=143911|title=Указ Президента Республики Таджикистан от 1 декабря 2022 года №480 "О назначении Мардзода О.М. председателем Ванчского района Горно-Бадахшанской автономной области"|website=www.adlia.tj|accessdate=2023-01-04|archivedate=2024-12-09|archiveurl=https://web.archive.org/web/20241209162237/http://adlia.tj/show_doc.fwx?Rgn=143911}}</ref>
| Шакли роҳбарӣ = Раиси ноҳия
| Раис2 =
| Шакли роҳбарӣ2 =
| Раис3 =
| Шакли роҳбарӣ3 =
| ММД =
| Соли ММД =
| Ҷой аз рӯи ММД =
| ММД ба сари аҳолӣ =
| Ҷой аз рӯи ММД ба сари аҳолӣ =
| Забон =
| Забонҳо = [[Забони тоҷикӣ|тоҷикӣ]], [[Забонҳои бадахшонӣ]] — [[Забони язғуломӣ|язғуломӣ]]
| Аҳолӣ = 35 400
| Соли барӯйхатгирӣ = 2024
| Фоиз аз аҳолӣ = 4,8
| Ҷой аз рӯи аҳолӣ =
| Баҳодиҳии аҳолӣ =
| Соли баҳодиҳӣ =
| Зичӣ = 7,7
| Ҷой аз рӯи зичӣ =
| Ҳайати миллӣ = [[тоҷик]]он
| Ҳайати динӣ = [[мусулмон]], [[суннӣ]], мазҳаби [[ҳанафӣ]]
| Масоҳат = 4430,5
| Фоиз аз масоҳат =
| Ҷой аз рӯи масоҳат =
| Баландии бештарин = 7495
| Баландии миёна = 3000
| Баландии камтарин =
| Харита = Vanj District in Tajikistan.svg
| Андозаи харита =
| Харита2 =
| Минтақаи замонӣ = UTC+5
| Сарвожа = VA
| ISO = TJ.BK.VA
| Шиносаи ададӣ =
| Шакли шиноса =
| Шиносаи ададӣ2 =
| Шакли шиноса2 =
| Шиносаи ададӣ3 =
| Шакли шиноса3 =
| FIPS =
| Коди телефон = +992 3551
| Нишонаи почта = 736300
| Домени интернет = tj
| Коди мошинҳо = 04 TJ
| Вебгоҳ = [[www.vanjiman.com]]
| Гурӯҳ дар Commons = Vanj District
| Эзоҳ =
}}Ноҳияи Ванҷ (форсӣ: ناحیۀ ونج) – минтақаи таърихӣ ва яке аз ноҳияҳои [[Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]], воқеъ дар шимолу ғарби вилоят, дар шарқи [[Ҷумҳурии Тоҷикистон]]. Масоҳаташ 4430,5 км² буда, тибқи омори соли 2024 аҳолияш 35 400 нафарро ташкил медиҳад (зичии аҳолӣ тақрибан 8 нафар дар 1 км²). Ҳамчун воҳиди расмии маъмурию ҳудудӣ 29 майи 1933 таъсис ёфтааст.<ref name="ref1100">[https://dic.academic.ru/dic.nsf/ruwiki/1287410 Ванджский район] (рус.) // Словари и энциклопедии на Академике (нусхаи мақолаи Википедиаи русӣ, 2010). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Маркази ноҳия шаҳраки Рохарв (форсӣ: راخرو) аст, ки расман шаҳраки Ванҷ ном дошта, дар харитаҳо низ чунин сабт мешавад, вале дар забони мардум то имрӯз бо номи бостонии худ – Рохарв ёд мегардад; шаҳрак 176 км шимолтар аз шаҳри [[Хоруғ]], дар канораи резишгоҳи рӯди Рохарвоб ба Ванҷоб ҷой дорад.<ref name="ref1100" /><ref name="ref210">Ванҷ. Маълумоти ҷуғрофӣ (порча аз китоби Ҳ. Пирумшоев «Ванҷи ман») // Торнамои Ванҷ (vanj.info). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="ref310">н. Ванҷ (www.vanj.tj) // Сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Тибқи анъанаи маҳаллӣ, тамоми рустоҳоеро, ки аз деҳаи Бунай болотар воқеъанд, ''«Ванҷи Боло»'' меноманд; водиҳои поёниро бошад, на ''«Ванҷи Поён»'', балки бо номҳои таърихии худашон – [[Язғулом]], Водхуд ва Пшихарв – ёд мекунанд.<ref name="ref210" /> Дигар шӯроҳои русто, мисли Водхуд, Язғулом, Рованд ва Техарв, ки фарогири чандин деҳаанд, то кунун номҳои таърихии худро нигоҳ доштаанд. Шӯрои рустои Рохарв дар ҳоли ҳозир чун ҷамоати ба номи Маҳмадулло Абдуллоев<ref name="ref410">[https://khovar.tj/2025/06/peshvoi-millat-emomal-ra-mon-dar-no-iyai-van-tolori-varzishiro-iftito-namudand/ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ толори варзиширо ифтитоҳ намуданд] // АМИТ «Ховар», 25 июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> ва шӯрои рустои Жовид феълан дар шакли ҷамоати Ҷовидон номгузорӣ шудаанд.
Қабл аз вуруди [[Артиши Сурх]] ба Ванҷ ва истиқрори низоми шӯравӣ, маркази идории амлокдории Ванҷ дар шаҳраки Рохарв, дар ''«Қалъаи Ванҷ»'' ё ''«Қалъаи Рохарви Ванҷ»'' қарор дошт, ки ҳам қароргоҳи мири Ванҷ ва ҳам маҳалли будубоши гурӯҳаки маҳдуди сипоҳи [[Манғития|манғитиён]] будааст.<ref name="ref510">Мушкетов Д. И. Рохарв (Кала-и Ванч) // Известия Русского географического общества. — Т. 52. — 1916.</ref>
Дарёҳои бузургтарини ноҳия – Ванҷоб, Язғулом ва Панҷ мебошанд. Ду соҳили дарёи Ванҷоб бо дарозии зиёда аз 100 км бахши умдаи ноҳияро ташкил медиҳад.
== Номшиносӣ ==
Дар сарчашмаҳои русӣ ва адабиёти даврони шӯравӣ номи ноҳия дар шаклҳои ''«Ванч»'' ва ''«Вандж»'' омадааст, ки гунаи русишудаи ҷойноми тоҷикии Ванҷ мебошад.<ref name="ref310" />
Дар боби решаи ин ном ақидаҳо мухталифанд. Донишманди тоҷик Гулшанӣ дар китобаш ''«Таърихи ҳумоюн»'', ки соли 1328 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 1910 милодӣ навиштааст, онро табдилёфтаи номи дарёи Панҷ шумурда, дар бораи диёри Ванҷ мегӯяд:
''«Қасабаи Ванҷ ба тарафи шарқии Дарвоз, ба таҳти ақабаи Боми Дунё воқеъ аст ва дар он ҷониб манбаи дарёи Омӯя ва Ҷайҳун ва онро Чашмаи Панҷ мегӯянд, аз қуллаи шомихи кӯҳи Боми Дунё набаъон менамоянд. Аз андак масофат, панҷ чашма ба як ҷо ҷамъ мешавад ва ғарбан ҷараён менамояд ва онро чашмаи Панҷ мегӯянд ва он қасабаро Ванҷ меноманд, ки он муҳаррафи Панҷ аст. Оби аввали наҳри Ҷайҳун ҳамин аст»''.<ref name="ref610">Гулшанӣ. Таърихи ҳумоюн. — Душанбе, 2006. — С. 157.</ref>
Тадқиқоти забоншиносии баъдина ин ривояти халқиро тасдиқ намекунад. Эроншиноси маъруф Д. И. Эделман дар пажӯҳиши бунёдии худ ''«Географические названия Памира»'' (''«Номҳои ҷуғрофии Помир»''), ки соли 1975 дар маҷмуаи ''«Страны и народы Востока»'' ба чоп расидааст, решаи вожаи ''«Ванҷ»''-ро мушаххасан шарҳ намедиҳад, балки онро номи аслии худи водӣ мешуморад, ки номи дарёи Ванҷов (Ванҷ + ''«об»'') низ аз он гирифта шудааст.<ref name="ref710">Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 41–62.</ref> Тибқи мушоҳидаи ӯ, ҳамсоягони язғуломизабони ин водӣ онро на ''«Ванҷ»'', балки ''«Вавз»'' меноманд, ки ин худ далели дигаре бар куҳансолии эҳтимолии ин ном аст.<ref name="ref710" /> Забони куҳани ванҷии аз байнрафта, ки сокинони маҳаллӣ то охири асри XIX бад-он сухан мегуфтанд, ''«ванҷивор»'' (vanǰivor)-аш меномиданд,<ref name="ref810">Лашкарбеков Б. Б. Старованджский язык (vanǰivor) // Основы иранского языкознания: Среднеиранские и новоиранские языки / под ред. В. А. Ефимова. — М.: Восточная литература, 2008. — С. 61–109.</ref> вале дар адабиёти дастрас пажӯҳише, ки решаи номи ''«Ванҷ»''-ро аз вожаҳои ҳамин забон ба даст оварда бошад, ёфт нашуд. Дар маҷмуъ, Эделман хулоса мебарорад, ки аксари номҳои ҷуғрофии [[Помир|Помири]] Ғарбию Ҷанубӣ бо ёрии забонҳои имрӯза шарҳнопазиранд, ки ин аз бостонӣ будани онҳо гувоҳӣ дода, эҳтимоли тааллуқи баъзеи онҳоро ба забонҳои куҳани пешин (субстратӣ) нишон медиҳад.<ref name="ref710" />
Худи Д. И. Эделман дар ҳамин мақола сабаби ин дугонагии номро возеҳтар шарҳ дода, чунин овардааст:
''«Иногда различные названия одного и того же пункта отражают различные исторические обстоятельства. Так, населенный пункт — административный центр Ванча имеет два названия. Первое — официальное, значащееся на картах — «Ванч» является редакцией старого названия находившейся здесь когда-то крепости, которая именовалась просто Кала ('<nowiki/>'''qala'<nowiki/>''') 'крепость' или Кала-и Вандж 'Ванджская крепость'. Второе — название самого кишлака, которое до сих пор остается в обиходе у местного населения и жителей соседних долин — «Рохарв».»''
Тарҷума: ''«Баъзан номҳои мухталифи як маҳал вазъиятҳои гуногуни таърихиро инъикос менамоянд. Чунончи, маҳалли аҳолинишин — маркази маъмурии Ванҷ — ду ном дорад. Аввалин — номи расмӣ, ки дар харитаҳо зикр мешавад, — «Ванҷ» аст, ки таҳрирёфтаи номи қадимии қалъаест мебошад, ки замоне дар ин ҷо буд ва онро танҳо Қалъа ('<nowiki/>'''qala'<nowiki/>''') ё Қалъаи Ванҷ меномиданд. Дуюмин — номи худи русто аст, ки то ҳанӯз дар гуфтугӯи мардуми маҳаллӣ ва сокинони водиҳои ҳамҷавор боқӣ мондааст — «Рохарв».»''.<ref name="ref910">Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 42.</ref>
Бино бар ин, то имрӯз дар илми забоншиносии эронӣ решашиносии қатъӣ ва ба таври васеъ пазируфташудаи вожаи ''«Ванҷ»'' пешниҳод нашудааст: ривояти Гулшанӣ дар боло намунаи анъанаи омиёна ва таърихии маҳаллист, на натиҷаи таҳлили илмии забонӣ. Коршиносон, ин номро қадимӣ мешуморанд ва эҳтимол медиҳанд, ки он ба давраи пеш аз паҳншавии забони тоҷикӣ дар ин минтақа тааллуқ дошта бошад, бидуни он ки то ба ҳол решаи дақиқи онро муайян созанд.
Луғатшиноси тоҷик Абдусамад Ҳайдаров дар ''«Фарҳанги тафсирии мухтасари луғоти шеваи ҷанубу шарқии забони тоҷикӣ»'' (2019) дар бораи вожаи ''«ванҷ»'' маълумоти муфассали фарҳангшиносиро ҷамъбаст намудааст<ref name="ref1010">Ҳайдаров А. Фарҳанги тафсирии мухтасари луғоти шеваи ҷанубу шарқии забони тоҷикӣ. — Душанбе: ЭР-Граф, 2019. — С. 14–17.</ref>. Тибқи ин пажӯҳиш, дар фарҳангномаҳои классикии форсиву тоҷикӣ вожаи ''«ван»''/''«ванҷ»'' дар маъноҳои гуногун сабт шудааст: номи деҳае дар Насаф (муарраби ''«вана»'', тибқи ''«Фарҳанги Ананд Роҷ»''); шабеҳу монанд, меваи мағздор, ҷангали пурдарахт ва номи шаҳре (тибқи ''«Бурҳони қотеъ»''); аз забони ҳиндӣ (санскрит) ба маънои ''«ҷангал»'', ''«беша»'' (тибқи ''«Фарҳанги Нафисӣ»''); меваи ба зира монанд бо мағзак ва ташбеҳ (тибқи ''«Ғиёс-ул-луғот»''); ва ниҳоят – ''«гунҷишк»'' (тибқи ''«Туҳфат-ул-аҳбоб»'' ва ''«Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ»''). Гурӯҳи дигари муҳаққиқон, аз ҷумла И. М. Стеблин-Каменский, А. З. Розенфелд, В. Томашек ва А. Д. Девонақулов, вожаи ''«ванҷ»''-ро аз ''«ван»'' ба маънои ''«бед»'' гирифташуда медонанд.<ref name="ref1010" />
Ҳайдаров бо усули муқоисаи фарҳангномавӣ нишон медиҳад, ки маънои ''«гунҷишк»'' эҳтимолан натиҷаи хатои котибист: дар қадимтарин фарҳанги дастрас – ''«Луғати фурс»''-и Асадии Тӯсӣ (саҳ. 73) – барои ''«гунҷишк»'' на ''«ванҷ»'', балки ''«вунҷ»'' омадааст, ва азбаски дар хатти арабӣ навишти ин ду вожа якхела аст, ба андешаи муаллиф, дар фарҳангномаҳои баъдӣ ба ҷои ''«вунҷ»'' хатан ''«ванҷ»'' сабт гардидааст. Ин фарзияро ӯ бо далели дигар низ тақвият медиҳад: дар забони гуфтугӯии тоҷикӣ шаклҳои гуногуни калимаи ''«гунҷишк»'' – ''«вунҷишк»'', ''«бунҷишк»'', ''«гундишк»'' – ҳама пас аз ҳарфи аввал садоноки кӯтоҳи ''«у»''-ро мегиранд, на ''«а»''-ро. Аз ин муҳимтар, дар забони куҳани ванҷӣ худи вожаи ''«гунҷишк»'' тамоман калимаи дигаре буд – ''«курҷик»'' – монанди забони ҳамсояи имрӯзаи язғуломӣ (''«чуғак»'') ва шуғнонӣ (''«вудуч»''); агар водӣ ба номи ин парранда гузошта мешуд, мебоист ''«Курҷик»'' номида мешуд, на ''«Ванҷ»''.<ref name="ref1010" /> Ба ин тартиб, ба андешаи аксари муҳаққиқон, решаи бовариноктарини номи ''«Ванҷ»'' ҳамон вожаи ''«ван»'' ба маънои ''«бед»'' аст, ки дар забонҳои зиндаи имрӯзаи помирӣ низ боқӣ мондааст: шуғнонӣ ''«wank»'', бартангӣ ''«wanoch»'', рӯшонӣ ''«wanoj»'', орошорӣ ''«wanuj»''.<ref name="ref1010" />
Дар баробари ин, дар байни мардуми маҳаллӣ фарзияи дигаре низ роиҷ аст, ки тибқи он вожаи ''«ванҷ»'' муродифи калимаи ''«ганҷ»'' (яъне ''«хазина»'') мебошад. Ҳайдаров ин фарзияро ба падидаи табдили овозҳои ''«в»''→''«г»''→''«к»'' дар лаҳҷаи маҳаллӣ пайванд медиҳад, ки намунаҳои он дар ҷуфти калимаҳои боқимондаи забони куҳани ванҷӣ, ки то имрӯз дар нутқи шифоҳии мардум ҳамроҳи муодилҳои тоҷикиашон истифода мешаванд (масалан, ''«сару мангал»'', ''«санди нозо»'', ''«кари шумук»'', ''«гарми тумухч»''), ба назар мерасад.<ref name="ref1010" /> Вожаи ''«ганҷ»'' то имрӯз дар нутқи мардуми Ванҷ серистеъмол буда, ҳатто баъзе хӯрокворӣ (мисли ширравған), меваҳо (мисли тут) ва анбори неъмат (''«ганҷур»'') бо ҳамин ном ёд мешаванд; ибораи қадимии ''«ванҷи ману ганҷи ман»'', ки зиёда аз ҳазор сол вирди забони мардум аст, низ, ба назари муаллиф, метавонад далели воқеии ин пайванди маъноӣ бошад.<ref name="ref1010" />
Номи Ванҷ соли 2023 ба бузургтарин лозури Помир низ гузошта шуд: 31 июли соли 2023 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии [[Тоҷикистон]] лозури Федченко расман Ванҷях номгузорӣ гардид.<ref name="ref1110">[https://khovar.tj/rus/2024/06/lednik-vandzhyah-odin-iz-samyh-bolshih-lednikov-tadzhikistana-i-gornyh-sistem-mira/ Ледник Ванджях — один из самых больших ледников Таджикистана и горных систем мира] (рус.) // НИАТ «Ховар», 9 июни 2024. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="ref1210">[https://rus.ozodi.org/a/32555126.html СМИ: крупнейший на Памире ледник Федченко переименован в «Ванджях»] (рус.) // Радиои Озодӣ, 20 августи 2023. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Ҷойгоҳ ==
Ноҳияи Ванҷ бо сарзамини 4430,5 км² дар миёни қаторкӯҳҳои [[Дарвоз]] ва Язғулом воқеъ аст. Дар шимол бо [[Сангвор|ноҳияи Сангвор]] (Тавилдараи пешин), дар шарқ бо [[Мурғоб|ноҳияи Мурғоб]], дар ҷануб бо [[Рӯшон|ноҳияи Рӯшон]], дар ғарб бо ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ва дар ҷанубу ғарб, аз тариқи рӯди [[Панҷ]], бо ноҳияи Дарвози вилояти [[Бадахшон|Бадахшони]] [[Афғонистон]] ҳаммарз мебошад.<ref name="ref1100" /> Марзи шарқии ноҳияро қаторкӯҳи Академияи илмҳо ташкил медиҳад.<ref name="ref1310">Republic of Tajikistan, map showing administrative division as of January 1, 2004, «Tojikkoinot» Cartographic Press, Dushanbe.</ref>
Аз шимолу шарқи ноҳия ба ҷанубу ғарби он рӯдҳои Ванҷ) ва Язғулом ҷорӣ мешаванд, ки ба рӯди Панҷ мерезанд. Сарзамини ноҳия ду водии нисбатан васеи Бадахшонро дар бар мегирад. Яке аз онҳо дараи рӯди Ванҷ аст, ки беш аз 150 км дарозо дорад ва аз лозурҳои Ҷамъияти ҷуғрофӣ, Хирсон ва Абдуқаҳҳор оғоз мегирад. Водии дигар дараи рӯди Язғулом аст, ки дар миёни қаторкӯҳҳои Язғулому Рӯшон ҷой гирифтааст. Ин ду водиро аз ҳамдигар қаторкӯҳи Ванҷ ҷудо мекунад.<ref name="ref1310" /> Баландии маҳал аз сатҳи дарё аз 1500 то 5000 метр мебошад.
Дар бораи сабаби номгузории қаторкӯҳҳои атрофи Ванҷ, Д. И. Эделман чунин таваҷҷуҳ медиҳад:
''«Названия хребтов в исконной топонимии не прослеживаются. Те наименования, которые мы видим сейчас на географических картах,— позднейшие. Они даны исследователями в основном по принципу смежности с той или иной долиной. Ванчский хребет отделяет Ванч от Язгулема, Язгулемский хребет — Язгулем от Рушана-Бартанга, Рушанский — долину Рушана от Гунта…»''
Тарҷума: ''«Номҳои қаторкӯҳҳо дар ҷойномҳоии аслӣ дида намешаванд. Номҳое, ки мо имрӯз дар харитаҳои ҷуғрофӣ мебинем, аз давраҳои баъдтаранд. Онҳоро муҳаққиқон асосан бар мабнои усули ҳамҷаворӣ бо ин ё он водӣ гузоштаанд. Қаторкӯҳи Ванҷ, Ванҷро аз Язғулом ҷудо мекунад, қаторкӯҳи Язғулом — Язғуломро аз Рӯшону Бартанг, қаторкӯҳи Рӯшон — водии Рӯшонро аз Ғунд…»''.<ref name="ref1100" />
Дарёи Ванҷ (Ванҷоб) 103 км дарозӣ ва 2070 км² ҳавзаи обғундорӣ дорад. Он аз ҳамроҳшавии ду шохоб падид меояд: яке аз лозурҳои нишебии шимолии қаторкӯҳи Ванҷ сарчашма мегирад, дигаре бошад – аз нишебиҳои ғарбии қаторкӯҳи Академияи илмҳо. То резишгоҳи шохоби Кашолаях худи дарё номи Абдуқаҳҳорро дорад; танҳо пас аз ҳамроҳ шудан бо ин шохоб он ба номи Ванҷоб мубаддал мегардад. Сарфи миёнаи солонаи об дар резишгоҳи дарё 49,4 м³/с аст.<ref name="ref1410">Ванч (рус.) // Большая советская энциклопедия. — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Тибқи мушоҳидаи мустақили Снесарев (1906), дарёи Ванҷ, ба сабаби бисёр ҷазираҳояш, дар баъзе ҷойҳо то ¾ верст (қариб 800 м) ва бештар паҳн мешавад, дар ҳоле ки дар танги дара паҳноияш танҳо тахминан 20 саҷин (қариб 43 м) аст; чуқурии он дар баъзе маконҳо то 1½ саҷин (қариб 3,2 м) мерасад, ҷараёнаш тезу тунд буда, ранги обаш лойолуди шириранг аст.<ref name="ref219">Снесарев А. Е. Восточная Бухара (военно-географический очерк) // Сборник географических, топографических и статистических материалов по Азии. — Вып. LXXIX. — СПб.: Военная типография, 1906. — С. 19.</ref> Дар мавсими пуроби дарё гузаргоҳ вуҷуд надорад ва убур танҳо тавассути пул ё гупсар сурат мегирад; дар маҷмуъ се пул мавҷуд буд — дар резишгоҳи дарё, дар канори деҳаи Рохарв (Қалъаи Ванҷ) ва дар канори Пойи Мазор.<ref name="ref219" /> Хилофи дарёҳои ҳамсоя, дарёи Ванҷ ҳатто дар зимистони сахт пурра ях намебандад, ва водии он назар ба водии дарёҳои ҳамсоя хеле васеътар аст.<ref name="ref219" /> Дарёи Язғулом 80 км тӯл кашида, масоҳати ҳавзаи он 1970 км²-ро ташкил медиҳад; қисми болоии он то ҳамроҳшавии дарёи Ракзов Мазордара номида мешавад, сарфи миёнаи об дар поёноби дарё 36,2 м³/с буда, ғизои дарёҳои ноҳия асосан барфию лозурист ва сермобтарин моҳ июл аст.<ref name="ref1100" />
Тавсифи муфассали гидрографии дарёи Ванҷро низ капитан Кузнецов ҳанӯз соли 1892 сабт кардааст. Ба гуфтаи ӯ, дарё аз ду шохоб — оби-Кашолаях (аз рост) ва оби-Абдуқаҳҳор (аз чап) — сарчашма мегирад, ки худ аз лозурҳои Куҳи-Лазурӣ об мегиранд, ва номи муосири шохоби ''«Абдуқаҳҳор»'', ки ҳанӯз дар гуфтаи боло зикр омада буд, маҳз бо ҳамин навиштаи асри XIX мутобиқат мекунад:
''«Рѣка оби-Ванчъ, берущая начало двумя рѣками: правой оби-Кашалъ-Аякъ и лѣвой оби-Абдукогоръ изъ ледниковъ Куи-Лазырь, течетъ въ юго-западномъ направленіи въ большинствѣ случаевъ разливаясь на много рукавовъ и образуя массу острововъ–тугаевъ.»''
Тарҷума: ''«Дарёи оби-Ванҷ, ки аз ду рӯд — рости оби-Кашолаях ва чапи оби-Абдуқаҳҳор — аз лозурҳои Куҳи-Лозурӣ сарчашма мегирад, дар самти ҷанубу ғарбӣ ҷараён дошта, дар аксари ҳолат ба бисёр шохобчаҳо тақсим мешавад ва анбӯҳи ҷазираҳо — тӯғайҳоро ба вуҷуд меорад»''.<ref name="ref1510">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 32.</ref> Кузнецов инчунин баландии рустоҳои соҳили дарёи Ванҷро аз сатҳи баҳр чен кардааст: аз резишгоҳи он ба Панҷ (5110 қадам) то рустоҳои Рохарв (6250 қадам), Бунай (6590 қадам), Техарв (7260 қадам), Старғ (7670 қадам) ва Ванван (8020 қадам); ва дар бораи қаторкӯҳи байни Ванҷу Язғулом, ки имрӯз бо номи қаторкӯҳи Ванҷ маъруф аст, чунин навиштааст:
''«Горный хребетъ, расположенный между рѣками Ванчъ и Язгулемъ, носитъ названіе Ванчскаго. Восточная его часть покрыта вѣчными снѣгами и ледниками, западная – скалистая. Растительности на немъ нѣтъ никакой.»''
Тарҷума: ''«Қаторкӯҳе, ки миёни дарёҳои Ванҷу Язғулом воқеъ аст, номи Ванҷро дорад. Қисми шарқии он бо барфу лозурҳои ҷовидона пӯшида аст, қисми ғарбӣ бошад — сахраист; дар он ҳеҷ гуна рустание вуҷуд надорад»''.<ref name="ref1100" />
Ванҷ дар соҳили яке аз шохобҳои бузурги рости дарёи Панҷ (болооби [[Ому]]), ки бо номи Ванҷоб маъруф аст, ҷой гирифтааст. Масофа аз маркази ноҳия то шаҳри Хоруғ 176 км ва то шаҳри [[Душанбе]] 387 км аст.
Тавсифи аввалини илмии ҷуғрофии қаторкӯҳҳои иҳотакунандаи водии Ванҷ ба шарқшиноси рус А. А. Семёнов тааллуқ дорад, ки соли 1898 дар доираи экспедитсияи расмии граф А. А. Бобринский аз ин минтақа дидан карда буд. Ӯ дар китоби худ навиштааст:
''«Часть Дарваза по правую сторону Пянджа (Сѣверный Дарвазъ) занимаетъ западный склонъ Памирскаго плоскогорья: этотъ край изрѣзываютъ глубокими долинами рѣкъ: Пянджа и его притоковъ справа: Оби-Хингоу, Ванджа и Язгулина. Водораздѣломъ этихъ рѣкъ служатъ два высокихъ хребта: Дарвазскій, между рр. Оби-Хингоу и Ванджемъ, и Ванджскій,–между долинами Ванджа и Язгулина... Въ верховьяхъ Ванджа всѣ упомянутыя горныя цѣпи сходятся въ одинъ узелъ и сливаются съ Памирами.»''
Тарҷума: ''«Қисми Дарвоз, ки дар канори рости Панҷ ҷойгир аст (Дарвози Шимолӣ), нишеби ғарбии баландсаҳрои Помирро фаро мегирад: ин канораро водиҳои амиқи дарёҳо буридаанд – Панҷ ва шохобҳои рости он: Оби-Хингов, Ванҷ ва Язғулом. Марзи обҷудокунии ин дарёҳоро ду қаторкӯҳи баланд ташкил медиҳанд: Дарвоз – миёни рӯдҳои Оби-Хингову Ванҷ, ва Ванҷ – миёни водиҳои Ванҷу Язғулом... Дар болооби Ванҷ ҳамаи ин қаторкӯҳҳои зикршуда ба як гиреҳ мепайванданд ва бо Помир мепайванданд»''.<ref name="ref1610">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. — М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. — С. 6.</ref>
Дар ҳамин гиреҳи кӯҳӣ, ки қаторкӯҳҳои Ванҷу Дарвоз бо Помир мепайванданд, Семёнов ағбаи баландеро ба қайд гирифтааст, ки ба болооби Ванҷ мебарад: ''«Въ этомъ горномъ узлѣ лежить на высотѣ свыше 15 тыс. футовъ надъ уровнемъ моря перевалъ Сытаргй въ долину р. Вандж, или Ванча»'' – тарҷума: ''«Дар ҳамин гиреҳи кӯҳӣ, дар баландии зиёда аз 15 ҳазор фут аз сатҳи баҳр, ағбаи Сытаргӣ ба водии дарёи Вандж (Ванҷ) ҷойгир аст»''.<ref name="ref1710">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. — М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. — С. 7.</ref>
Тавсифи муфассали роҳҳои дастрасӣ ба водии Ванҷ дар охири асри XIX ба қалами капитан Н. Юхновский, узви экспедитсияи ҳудудии соли 1893, тааллуқ дорад, ки барои таҳқиқи қитъаи камомӯхтаи сарҳад аз дарёи Ванҷ то истеҳкоми Керкӣ, дар тӯли рӯдҳои Панҷу Ому фиристода шуда буд.<ref name="ref211">Юхновский И. Нѣсколько словъ объ условіяхъ жизни въ горахъ Дарваза и въ долинѣ рѣки Ванча // Туркестанские Ведомости. — 1894. — № 65. — С. 64–65.</ref> Тибқи гузориши ӯ, роҳи аз Қалъаи Хумб то Рохар (Қалъаи Ванҷ) дар тӯли соҳили дарёи Панҷ бо василаи карнизҳо мегузашт, ки паҳноияшон аз ¾ то 1½ арш буда, баъзан аз болои нишебиҳои мулоим ва баъзан аз болои қаторкӯҳҳои амудӣ мегузаштанд; дар баъзе ҷойҳо карнизҳои сунъӣ — аз бревнои чӯбини дар шикофи сангҳо ҷойгузошташуда, бо шохчаву замин пӯшонидашуда — сохта мешуданд.<ref name="ref211" /> Ин роҳ, гарчанде дар давоми сол умуман кушода буд, вале аз сабаби фаромадани обхезиҳои кӯҳӣ ё харсанг метавонист вайрон гардад ва то таъмир қатъ шавад; дар мавсими зимистон, дар натиҷаи яхбандӣ ва боришот, ҳаракат дар ин роҳ хеле мушкил мегардид.<ref name="ref211" />
Мавзеи Қалъаи Ванҷ (Рохар), ки Юхновский онро тавсиф кардааст, тахминан дар масофаи 6 версти (қариб 6,4 км) аз ҷои ҳамроҳшавии дарёи Ванҷ ба Панҷ ҷойгир буд; водии Ванҷ назар ба дараи танги Панҷ хеле васеътар буда, дорои заминҳои назарраси корам буд ва аз ин рӯ, назар ба дигар минтақаҳои Дарвоз, зичии аҳолии он бештар буд.<ref name="ref211" /> Дар Рохар се роҳ ба ҳам мепайвастанд: аз ғарб — аз Қалъаи Хумб; аз шимол — аз ағбаи «Аба-и-Ситарги», ки эҳтимол ҳамон ағбаест, ки А. А. Семёнов онро бо номи «Сытаргй» ёд кардааст (ниг. боло); ва аз ҷанубу шарқ — аз Рӯшону [[Шуғнон]], ки ин роҳи охир хеле душвор буд ва барои расидан ба Рохар аз он тариқ, мусофир бояд дарёи Панҷро бо «гупсар» (шино бо пӯсти боди пуркардашудаи буз) убур мекард.<ref name="ref211" />
=== Лозурҳо ва қуллаҳо ===
Болооби дараи Ванҷ, ки дар он ҷо рӯд номи Абдуқаҳҳор (Абдукагор)-ро дорад, аз калонтарин марказҳои лозурии Помир ба шумор меравад. Бузургтарин лозури ҳавзаи рӯди Ванҷ лозури Ҷамъияти ҷуғрофӣ мебошад, ки дар маҳалли пайвастшавии қаторкӯҳҳои Академияи илмҳо ва Дарвоз ҷой гирифта, дарозиаш 24,2 км ва масоҳаташ 64,4 км² аст. Ин лозур соли 1882 кашф гардида, соли 1928 ба шарафи Ҷамъияти ҷуғрофии [[Русия]] номгузорӣ шудааст.<ref name="ref1810">[https://rgo.ru/activity/redaction/news/lednik-geograficheskogo-obshchestva-na-pamire-taet/ Ледник Географического общества на Памире тает] (рус.) // Сомонаи расмии Ҷамъияти ҷуғрофии Русия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар ҳавзаи Абдуқаҳҳор, дар нишебии ғарбии қаторкӯҳи Академияи илмҳо, лозури Хирс (дар адабиёти илмии русӣ – Медвежий) воқеъ аст, ки бо ҳаракатҳои даврии ногаҳонии худ (сёрҷ) дар ҷаҳон шуҳрат дорад. Дарозии лозури Хирс 15,8 км ва масоҳаташ 25,3 км² аст; ҳавзаи барфии он дар баландии беш аз 5500 м бо ҳавзаи лозури Ванҷях (Федченко) муштарак буда, забонаи борику дарози он бо яхшораи (ледопад) 900-метра аз ҳавзаи ғизогирии фирнӣ ба дараи чуқур, то баландии 2900 м, фуруд меояд.<ref name="ref1910">Медвежий ледник // Словарь современных географических названий / Рус. геогр. о-во. Моск. центр; под общ. ред. акад. В. М. Котлякова. — Екатеринбург: У-Фактория, 2006.</ref> Забонаи ин лозур дар зарфи чанд моҳ то 2 км ба поёни дара пеш рафта, маҷрои дарёи Абдуқаҳҳорро мебандад ва кӯли лозурӣ ба вуҷуд меоварад, ки шикофта шудани он ба обхезиҳои харобиовар дар водии Ванҷ оварда мерасонад. Чунин ҳаракатҳо дар солҳои 1916, 1937, 1951, 1963, 1973, 1989, 2001 ва 2011 ба қайд гирифта шудаанд.<ref name="ref206">[https://www.silkadv.com/en/content/lednik-medvezhiy-v-hrebte-akademii-nauk Ледник Медвежий в хребте Академии Наук] (рус.) // Silk Road Adventures. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ҳангоми ҳаракати соли 1963 лозур қариб 1,75 км пеш рафта, дараи Абдуқаҳҳорро баст ва дар он сол ду маротиба (19 июн ва 3 июл) обхезиҳои лозурӣ рӯй доданд. Соли 1973 садди яхине бо паҳноии тақрибан ним километр ва баландии саду панҷоҳ метр дараро банд карда, дар паси он кӯле бо чуқурии то 110 метр пайдо шуд; 19 июни соли 1973, вақте ки дар кӯл 27 млн м³ об ҷамъ омада буд, рахнашавии он ба амал омад.<ref name="ref212">[https://glaciallakes.narod.ru/articles/articl_other/3-1.htm Виноградов Ю. Б. Сведения о прорывах озёр, подпруженных ледниками] (рус.). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар қисмати шарқии қаторкӯҳи Язғулом, дар марзи ҷанубу шарқии ноҳия, қуллаи Истиқлол (то соли 2006 – қуллаи Революция; 6940 м) – чорумин қуллаи баланди Тоҷикистон қомат афрохтааст. Дар домани шимолии он лозури бузурги Федченко – дарозтарин лозури кӯҳии ҷаҳон берун аз минтақаҳои қутбӣ (77 км) оғоз меёбад.<ref name="ref222">[http://wiki.risk.ru/index.php/%D0%9F%D0%B8%D0%BA_%D0%A0%D0%B5%D0%B2%D0%BE%D0%BB%D1%8E%D1%86%D0%B8%D0%B8 Пик Революции] (рус.) // Wiki.risk.ru. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Ин лозур, ки соли 1878 онро Василий Ошанин кашф карда, ба шарафи табиатшинос Алексей Федченко номгузорӣ намуда буд, аз 31 июли соли 2023 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расман Ванҷях ном дорад.<ref name="ref1110" /><ref name="ref1210" /> Паҳноии миёнаи лозур 2 км ва ҳадди аксараш 5 км буда, ғафсии ях то 1 км ва ҳаҷми он ҳамроҳ бо шохобҳояш 144 км³ мерасад; лозур аз баландии 6200 м оғоз ёфта, забонааш то баландии 2909 м фуруд меояд ва дар силсилаи он 100 лозури хурду бузург, аз ҷумла 26 шохоби бевосита, ба ҳам пайвастаанд. Дар канори чапи лозур, дар баландии 4169 м, 7 августи соли 1933 истгоҳи гидрометеорологӣ кушода шуда буд, ки то соли 1995 бефосила кор кард ва соли 2004 дар доираи лоиҳаи байналмилалӣ дар он ҷо истгоҳи худкор насб гардид. Бар асари гармшавии иқлим лозур танҳо дар садаи XX дар танаи асосии худ тақрибан 15 км³ ях – даҳяки массаи худро – аз даст додааст.<ref name="ref1110" />
Тибқи баррасиҳои лозуршиносии охирин, масоҳати умумии лозури Ванҷях (Федченко) тақрибан 700 км² арзёбӣ мешавад ва ҳаҷми умумии яхи он, бар пояи ченкунии ғафсии қабати ях, 123,4 ± 28 км³ ҳисоб карда шудааст.<ref name="ref232">[https://www.cambridge.org/core/journals/journal-of-glaciology/article/evolution-of-fedchenko-glacier-in-the-pamir-tajikistan-during-the-past-eight-decades/0F2F382BD7954575E28B20128B7825E2 The evolution of Fedchenko glacier in the Pamir, Tajikistan, during the past eight decades] (англ.) // Journal of Glaciology. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар тӯли 93 соли мушоҳидаи илмӣ (1928-2021), суръати миёнаи тағйири баландии сатҳи лозур ба −0,46 метр дар сол расидааст, ҳарчанд дар ду фосилаи алоҳида – солҳои 1958-1980 ва 2010-2021 – коҳиши баландии забонаи лозур ду баробар аз меъёри дарозмуддат тезтар будааст.<ref name="ref242">[https://eartharxiv.org/repository/view/7474/ Multi-temporal elevation changes of Fedchenko Glacier, Tajikistan, from 1928 to 2021] (англ.) // EarthArXiv / Journal of Glaciology, 2024. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ченкуниҳои GNSS ва тасвирбардории радарии TanDEM-X нишон медиҳанд, ки мувозинати ҷирмии лозур аз −0,27 ± 0,05 метри муодили обӣ дар сол барои давраи 2000-2011 то −0,51 ± 0,04 метр дар сол барои давраи 2011-2016 бадтар шудааст, яъне суръати обшавии лозур дар даҳсолаи охир тақрибан ду баробар афзудааст.<ref name="ref252">Lambrecht A., Mayer C., Wendt A., Floricioiu D., Völksen C. Elevation change of Fedchenko Glacier, Pamir Mountains, from GNSS field measurements and TanDEM-X elevation models, with a focus on the upper glacier // Journal of Glaciology.</ref> Бо вуҷуди ин, азбаски забонаи лозур бо қабати ғафси хоку сангреза пӯшида аст, масоҳати намоёни он тайи даҳсолаҳо танҳо 1,4 фоиз тағйир ёфта, дар ҳоле ки ҳаҷми аслии яхи он коҳиши назаррас – тақрибан 5 км³ дар тӯли ҳашт даҳсола – доштааст.<ref name="ref232" /> Тибқи маълумоти барномаи UNEP GRID-Arendal, забонаи лозур аз соли 1933 инҷониб зиёда аз 1 километр ба ақиб нишастааст ва аз соли 1980 инҷониб тақрибан 50 метр паст шудааст.<ref name="ref262">[https://www.grida.no/resources/5274 Shrinking of Fedchenko Glacier in the Pamirs of Tajikistan] (англ.) // UNEP GRID-Arendal. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Пажӯҳиши соли 2026 дар маҷаллаи ''«Remote Sensing»'' доир ба ҳавзаи лозурии дарёи Вахш, ки низоми лозурии Ванҷях (Федченко)-ро низ фаро мегирад, нишон дод, ки масоҳати умумии лозурҳои ин ҳавза аз 4440,9 км² дар соли 2000 то 4087,1 км² дар соли 2018 коҳиш ёфта, барои соли 2025 тахминан 3955,2 км² пешбинӣ мешавад; яъне тайи солҳои 2000-2025 масоҳати умумии лозурҳо 485,7 км² (10,94 фоиз) кам шуда, коҳиши миёнаи солона ба 19,43 км² мерасад.<ref name="ref272">[https://www.mdpi.com/2072-4292/18/9/1436 Changes in Glaciers of the Vakhsh River Basin, Tajikistan Under Global Climate Change] (англ.) // Remote Sensing, ҷ. 18, № 9, мақолаи 1436, 2026.</ref>
Қисмати шарқии кӯҳистони ноҳия, аз ҷумла шарқи қаторкӯҳи Ванҷ ва минтақаи лозури Федченко, ба ҳудуди Боғи миллии Тоҷикистон дохил мешавад, ки соли 1992 таъсис ёфтааст ва моҳи июни соли 2013 таҳти унвони ''«Боғи миллии Тоҷикистон (кӯҳҳои Помир)»'' ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии [[ЮНЕСКО]] шомил гардид.<ref name="ref282">[https://news.un.org/ru/story/2013/06/1224271 Таджикский национальный парк «Горы Памира» включён в список Всемирного наследия ЮНЕСКО] (рус.) // Маркази ахбори СММ, июни 2013. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="ref292">[https://medt.tj/ru/tourism/tourism/1424-tajikskiy-natsionalniy-park-obekt-vsemirnogo-naslediya-unesco Таджикский национальный парк — объект Всемирного наследия ЮНЕСКО] (рус.) // Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Тибқи тавсифи ҳарбӣ-ҷуғрофии подполковник А. Е. Снесарев (1906), қаторкӯҳи Ванҷу Язғулом, ки водиҳои Ванҷу Язғуломро аз ҳам ҷудо мекунад, аз наздикии лозури Федченко сар мешавад ва бо теғаҳои баланду сангин ва танг то дарёи Панҷ бо шебҳои тунд қатъ мегардад; дарозии он 130-140 верст (тахминан 138-149 км) ва баландии миёнааш 17-18 ҳазор фут (тахминан 5180-5490 м) арзёбӣ шудааст.<ref name="ref219" /> Шумораи ағбаҳои ин қаторкӯҳ хеле кам аст; аз миёни онҳо ағбаи Гушхон (тахминан 14 500 фут — қариб 4420 м) серистифодатарин ба шумор мерафт, гарчанде убури он низ душвориҳои зиёд дошт: аспро якчанд маротиба бояд аз пушт фуроварданд ва вақти хунуктарини рӯзро барои гузаштан интихоб мекарданд, то барф вазни аспро нигоҳ дошта тавонад.<ref name="ref219" />
=== Заминҷунбӣ ===
Ноҳияи Ванҷ дар яке аз минтақаҳои аз ҷиҳати геологӣ мураккабтарин ва аз нигоҳи сейсмикӣ фаъолтарини Осиёи Марказӣ ҷой дорад<ref name="ref1862">[https://academic.oup.com/gji/article/240/3/2125/7984515 Identifying geological structures in the Pamir region using non-subsampled shearlet transform and gravity gradient tensor] // Geophysical Journal International, Oxford Academic. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref><ref name="ref1872">[https://www.mdpi.com/2072-4292/16/24/4771 Present-Day Tectonic Deformation Characteristics of the Northeastern Pamir Margin Constrained by InSAR and GPS Observations] // Remote Sensing (MDPI). Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>, ки ин пеш аз ҳама ба бархӯрди амиқи қитъаҳои литосфераии Ҳиндустон ва Авруосиё вобаста аст. Дар натиҷаи ин бархӯрд блоки Помир дар давоми кайнозои дер тақрибан 280–300 километр ба самти шимол рондашуда, деформатсияи бузурги тектоникиро дар зерминтақаи Ванҷу Язғулом ба вуҷуд овардааст<ref name="ref1882">[https://www.frontiersin.org/journals/earth-science/articles/10.3389/feart.2022.967529/full Two kinematic transformations of the Pamir salient since the Mid-Cenozoic: Constraints from multi-timescale deformation analysis] // Frontiers in Earth Science. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>. Деформатсияи сатҳии минтақа асосан тавассути шикастагии калони Дарвоз-Қарокӯл ва системаи шикастагиҳои дохилиқаторкӯҳии транстенсионӣ идора мешавад<ref name="ref1892">[https://pubs.geoscienceworld.org/gsa/geosphere/article/6/4/444/132380/Major-intracontinental-strike-slip-faults-and Major intracontinental strike-slip faults and contrasts in lithospheric strength] // Geosphere, GeoScienceWorld. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>, дар ҳоле ки заминҷунбиҳои чуқурии миёна дар зери минтақа бо равандҳои деламинатсия ва кандашавии (breaking-off) порчаи литосфераи Ҳиндукуш алоқаманд дониста мешаванд<ref name="ref1902">[https://refubium.fu-berlin.de/bitstream/handle/fub188/1258/Thesis_Kufner_Sofia.pdf Lithospheric structure and seismotectonic setting of the Hindu Kush, the Tajik-Afghan basin and the western Pamir from analysis] // Refubium, Freie Universität Berlin. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>.
==== Заминҷунбии 2 январи соли 2010 ====
Субҳи рӯзи шанбе, 2 январи соли 2010 (соати 07:15 бо вақти маҳаллӣ), дар шарқи Тоҷикистон заминларзае бо бузургии тахминан 5,3–5,4 ба вуқӯъ пайваст. Эпицентри он тақрибан 14 километр шимолтар аз маркази ноҳияи Ванҷ, дар координатаҳои 38,247° арзи шимолӣ ва 71,495° тӯли шарқӣ ҷойгир буд, гипоцентраш бошад дар умқи тақрибан 47 километр қарор дошт<ref name="ref1912">[https://reliefweb.int/disaster/eq-2010-000001-tjk Tajikistan: Earthquake - Jan 2010] // ReliefWeb. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>. Заминларза ба 23 деҳа дар ду ҷамоати ноҳия — ҷамоати ба номи Маҳмадулло Абдуллоев (собиқ Ванҷ) ва ҷамоати Язғулом — хисороти ҷиддӣ расонд<ref name="ref1922">[https://reliefweb.int/report/tajikistan/react-situation-report-no1-earthquake-vanj-district-gbao-province-tajikistan REACT Situation Report No.1: Earthquake in Vanj District, GBAO Province, Tajikistan] // REACT / ReliefWeb. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref><ref name="ref1932">[https://reliefweb.int/report/tajikistan/tajikistan-vanj-earthquake-situation-report-2 Tajikistan Vanj Earthquake Situation Report #2] // ReliefWeb. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>.
Тибқи гузоришҳои ибтидоии созмонҳои байналмилалӣ, офат ба 958 хоҷагӣ таъсир расонд; шумораи хонаҳои комилан харобшуда, ки дар рӯзҳои аввал 98 адад арзёбӣ шуда буд, дар натиҷаи давоми таконҳои пасозилзилавӣ то 140–162 адад афзоиш ёфт<ref name="ref1942">[https://www.ozodi.org/a/1920743.html Дар Ванҷ 98 манзил пурра тахриб шудааст] // Радиои Озодӣ. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref><ref name="ref1952">[https://reliefweb.int/report/tajikistan/tajikistan-vanj-earthquake-situation-report-3 Tajikistan Vanj Earthquake Situation Report #3] // ReliefWeb. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>. Дар маҷмӯъ, беш аз 1050 бино — аз ҷумла манзилҳои зист, се мактаб, тақрибан 30 бинои маъмуриву иҷтимоӣ, дармонгоҳи ноҳия ва бинои нозироти андоз — қисман ё пурра хароб гардиданд<ref name="ref1962">[https://www.ozodi.org/a/1920560.html Хисороти заминларзаи шадид дар Ванҷ] // Радиои Озодӣ. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref><ref name="ref1932" />. Аз 1134 то беш аз 20 000 нафар сокинон ба таври мустақим ё ғайримустақим зарар диданд; ҳамзамон, ин офат талафоти ҷонии марговар дар пай надошт ва танҳо 2 нафар ҷароҳат бардоштанд<ref name="ref1972">[[:ru:Землетрясение_в_Таджикистане_(2010)|Землетрясение в Таджикистане (2010)]] // Википедия (рус.). Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>. Зарари молиявӣ тахминан 1,5 миллион доллари амрикоӣ (тақрибан 16,2 миллион сомонӣ) арзёбӣ гардид<ref name="ref1972" />.
Дар асари таконҳо беш аз 2,5 километр хатҳои интиқоли барқ ва алоқа канда шуда, 13 сутуни барқӣ шикастанд, ки дар натиҷа маркази Ванҷ, Роғ ва Гишхун бидуни нерӯи барқ ва алоқаи телефонӣ монданд<ref name="ref1972" />. Сармои шадиди зимистон (то −24 °C дар шаб) вазъиятро боз ҳам мушкилтар гардонд; мардум аз тарси фурӯрезии минбаъдаи биноҳо шабҳои аввалро дар ҳавои кушод, дар хаймаҳо ва биноҳои камосебдида гузарониданд<ref name="ref1942" />. Дар моҳҳои баъдина силсилаи тӯлонии таконҳои пасозилзилавӣ идома ёфт<ref name="ref1982">[https://www.ozodi.org/a/1922938.html Рӯйдодҳои ҳафта дар оинаи матбуот] // Радиои Озодӣ. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>. Дар вокуниш ба офат, Ҳукумати Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва созмонҳои байналмилалӣ — аз ҷумла Федератсияи байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (IFRC), барномаи REACT ва Ташкилоти Ҷамъиятии Мададгори Мудофиа — амалиёти кумаки башардӯстонаро оғоз карданд, ки то 5 майи ҳамон сол идома ёфт<ref name="ref1922" /><ref name="ref1992">[https://khovar.tj/2010/01/ba-zarardidagoni-zaminlarzai-van-1206-k-1262-mak-az-t-1206-mm/ Ба зарардидагони заминларзаи Ванҷ кӯмак аз ТҶММ] // АМИТ «Ховар». Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>.
==== Хатарҳои дуюмдараҷа: сангрезиш ва ярч ====
Ба сабаби топографияи шадидан кӯҳистонии ноҳия, заминҷунбиҳо аксар вақт боиси сангрезиш мегарданд, ки ягона шоҳроҳи нақлиётии минтақа — шоҳроҳи Душанбе–Хоруғ — ро масдуд месозад. Ҳангоми таконҳои пасозилзилавии 6 январи соли 2010, сангрезише 3 километр қисмати шоҳроҳро дар километри 481-ум пӯшонд<ref name="ref2002">[https://khovar.tj/2010/01/kumitai-1202-olat-1202-oi-fav-1178-ulodda-tajyor-nest/ Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда тайёр нест] // АМИТ «Ховар». Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref><ref name="ref2012">[https://www.khf.tj/node/4686 КҲФ: Заминларза ва резиши санг дар кишвар. Талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар нест] // Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>. Мутахассисон ин хатарро бо фоҷиаи ярчи [[Ярчи Ҳоит|Ҳоит]] (10 июли соли 1949, заминларзаи бо бузургии 7,4–7,5), ки боиси марги тақрибан 7200 нафар гардида буд, муқоиса мекунанд<ref name="ref2022">[[:en:1949_Khait_earthquake|1949 Khait earthquake]] // Wikipedia (англ.). Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>.
==== Ҳодисаҳои сейсмикии баъдина (2015–2023) ====
Рӯзи 7 декабри соли 2015, заминларзае бо бузургии 7,2, ки маркази он дар наздикии кӯли [[Сарез]] ҷойгир буд, дар километрҳои 452 ва 462-юми шоҳроҳи Душанбе–Хоруғ дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ сангрезиши марговар ба вуҷуд овард, ки дар натиҷаи он як ронанда ҳалок ва якчанд мошини боркаш хароб гардид<ref name="ref2032">[https://khovar.tj/2015/12/van-barrasii-o-ibat-oi-ofati-tabi-dar-voh-r-bo-ramazon-ra-imzoda/ Ванҷ: Баррасии оқибатҳои офати табиӣ дар вохӯрӣ бо Рамазон Раҳимзода] // АМИТ «Ховар». Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>. Рӯзҳои 9 ва 21 марти соли 2023, ду заминларзаи дигар — яке бо бузургии 5,7 бо марказаш дар ҳудуди Боғи миллии Тоҷикистон ва дигаре бо бузургии 6,5 дар [[Ҳиндукуш|Ҳиндукуши]] Афғонистон — таконҳои шадидро дар саросари Помири Ғарбӣ, аз ҷумла дар ноҳияи Ванҷ, ба вуҷуд оварданд<ref name="ref2042">[https://www.aa.com.tr/ru/%D0%BC%D0%B8%D1%80/%D0%B2-%D1%82%D0%B0%D0%B4%D0%B6%D0%B8%D0%BA%D0%B8%D1%81%D1%82%D0%B0%D0%BD%D0%B5-%D0%BF%D1%80%D0%BE%D0%B8%D0%B7%D0%BE%D1%88%D0%BB%D0%BE-%D0%B7%D0%B5%D0%BC%D0%BB%D0%B5%D1%82%D1%80%D1%8F%D1%81%D0%B5%D0%BD%D0%B8%D0%B5-%D0%BC%D0%B0%D0%B3%D0%BD%D0%B8%D1%82%D1%83%D0%B4%D0%BE%D0%B9-5-7/2840674 В Таджикистане произошло землетрясение магнитудой 5,7] // Anadolu Ajansı. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref><ref name="ref2052">[[:ru:Землетрясение_в_Бадахшане_(2023)|Землетрясение в Бадахшане (2023)]] // Википедия (рус.). Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>.
==== Осебпазирии инфрасохтор ва чораҳои паст кардани хавф ====
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки қисми зиёди биноҳои харобшуда дар заминҷунбии соли 2010 хонаҳои анъанавии гилину похсагин буданд, ки аз нигоҳи муҳандисии сейсмикӣ муқовимати паст дошта, камарбандҳои оҳану бетонӣ надоранд<ref name="ref1972" />. Барои паст кардани хавфи минбаъда, Ҳукумати Тоҷикистон барномаҳои кӯчонидани аҳолиро аз минтақаҳои хатарноки экзогенӣ амалӣ месозад<ref name="ref1972" />.
== Иқлим ==
Иқлими ноҳияи Ванҷ қораӣ (континентӣ) аст; тобистонаш гарми бебориш, зимистонаш сарди камбарф; ҳарорати миёна дар моҳи июл 20-24 °C, дар январ аз −12 °C то −20 °C. Мизони борандагии солона 200-300 миллиметр аст. Баландиҳои 4000-5500 м марғзоранд, аз он болотар – тундраи кӯҳист. Дар баландкӯҳҳо иқлим ба куллӣ дигар аст: дар минтақаи лозури Ванҷях ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво ҳатто дар моҳҳои июн-сентябр ҳамагӣ +1,6 °C буда, миқдори солонаи боришот дар он ҷо ба 1192 мм мерасад, ки 99 дарсади он ба шакли барф меборад.<ref name="ref1110" />
=== Таснифи иқлимӣ ва механизмҳои ташаккулёбандаи он ===
Тибқи таснифи байналмилалии иқлимшиносии Кёппен-Гейгер (Köppen-Geiger), иқлими қисми асосии водиҳои поёнии ноҳияи Ванҷ ба гурӯҳи Dsa – ''«иқлими қораии мӯътадил бо тобистони гарму хушк»'' – мансуб дониста мешавад.<ref name="ref322">[[:en:Vanj_District|Vanj]] (англ.) // Wikipedia, the Free Encyclopedia. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ин рамз се хусусияти бунёдиро ифода мекунад: ҳарфи D нишон медиҳад, ки ҳарорати миёнаи сардтарин моҳи сол аз −3 °C поёнтар аст ва барф дар зимистон қабати устувор ташкил медиҳад, дар ҳоле ки гармтарин моҳ аз 10 °C болотар аст; ҳарфи s далолат мекунад, ки боришоти моҳи хушктарини тобистон ба маротиб камтар аз боришоти моҳи сербориштарини зимистону баҳор аст; ҳарфи a нишон медиҳад, ки ҳарорати миёнаи гармтарин моҳи сол аз 22 °C зиёдтар аст. Ин таснифот танҳо то баландиҳои тақрибан 2000-2500 метр эътибори комил дорад; бо боло рафтан аз ин сатҳ, иқлим ба категорияҳои сардтару намноки Dsb ва Dsc мегузарад, дар баландиҳои беш аз 3500-4000 метр ба категорияи E (иқлими тундраи кӯҳӣ) ва дар минтақаи лозурҳо, аз ҷумла дар ҳавзаи Ванҷях, ба категорияи EF (иқлими яхбандии доимӣ) табдил меёбад.<ref name="ref332">Outlook on climate change adaptation in the Central Asian mountains (англ.) // Carpathian Convention. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Иқлими ноҳия натиҷаи таъсири мутақобилаи се механизми асосии атмосферист. Дар фасли зимистон (аз ноябр то март) минтақа таҳти таъсири канораи ҷанубу ғарбии Антитсиклони Сибирӣ қарор мегирад, ки массаҳои ҳавоии сарду хушкро ба водиҳои Помир ворид карда, ҳавои софи вале шадидан сарди зимистонаро ба вуҷуд меорад.<ref name="ref342">Рамочная модель управления экологическими и социальными охранными мерами (РМУЭСОМ) (рус.) // ECDP.TJ. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар охири зимистону фасли баҳор, силсилабодҳои ғарбӣ (Westerlies), ки аз уқёнуси Атлантик ва баҳри Миёназамин ҷараён мегиранд, манбаи асосии намӣ ва боришот мебошанд; вақте ин сиклонҳо ба қаторкӯҳҳои баланди Ванҷу Язғулом бармехӯранд, раванди боришоти орографӣ (кӯҳсоз) рӯй медиҳад, ки боиси резиши миқдори зиёди борону барф мегардад. Дар моҳҳои июлу август бошад, гармшавии шадиди сатҳи замин дар биёбонҳои Афғонистону Эрон боиси пайдоиши минтақаҳои фишори паст мегардад, ки массаҳои ҳавоии тропикии хушкро ба минтақа ворид карда, равандҳои абрсозиро бозмедоранд ва давраи хушксолии тобистонаро фаро меоранд. Бо сабаби парокандагии шабакаи истгоҳҳои обуҳавосанҷӣ дар кӯҳистони Помир, таҳлили дақиқи микроиқлимҳои алоҳида – ҳатто бо истифода аз пойгоҳҳои додаҳои глобалӣ ба монанди MERRA-2 – то ҳанӯз кори мураккабе боқӣ мемонад.<ref name="ref352">[https://www.nature.com/articles/s41598-025-86366-4 Modeling of historical and future changes in temperature and precipitation in the Panj River Basin in Central Asia under the CMIP5 RCP and CMIP6 SSP scenarios] (англ.) // PMC. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Низоми ҳарорат ===
Маълумоти мушаххаси истгоҳҳои метеорологии маҳаллӣ манзараи дақиқтари низоми ҳароратиро пешкаш мекунанд. Тибқи таҳлили илмии соли 2024, ки бар асоси мушоҳидаҳои истгоҳи обуҳавосанҷии Хумроғӣ (воқеъ дар ҳавзаи болооби рӯди Ванҷ) анҷом дода шудааст, ҳарорати миёнаи солона дар ин минтақа тақрибан ба +9,9 °C баробар аст.<ref name="ref362">[https://www.mdpi.com/2072-4292/16/10/1730 Murodov, M.; Li, L.; Safarov, M.; Lv, M.; Murodov, A.; Gulakhmadov, A.; Khusrav, K.; Qiu, Y. A Comprehensive Examination of the Medvezhiy Glacier\\\'s Surges in West Pamir (1968–2023)] (англ.) // Remote Sensing. — 2024. — Ҷ. 16, № 10. — Мақолаи 1730. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Гармтарин моҳи сол июл буда, ҳарорати миёнаи он ба +23,0 °C мерасад,<ref name="ref362" /> баъзе манбаъҳои дигар ҳарорати миёнаи июлро дар маркази ноҳия то +25 °C арзёбӣ мекунанд.<ref name="ref322" /> Тибқи маълумоти сомонаҳои обуҳавосанҷии оммавӣ, дар давоми рӯзҳои гарми тобистон (масалан, дар охири июлу аввали август) ҳарорати нимирӯзӣ метавонад ба таври муназзам то +27...+32 °C боло равад.<ref name="ref372">[https://www.gismeteo.ru/weather-vanch-336641/ Погода в Ванче сегодня] (рус.) // Gismeteo. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Сардтарин моҳи сол январ аст, ки тибқи маълумоти истгоҳи Хумроғӣ ҳарорати миёнааш аз −4,9 то −5,0 °C-ро ташкил медиҳад.<ref name="ref362" /><ref name="ref322" /> Ин рақам аз тавсифи умумии дар боло овардашуда (аз −12 то −20 °C), ки маъмулан дар сарчашмаҳои донишномавӣ дар бораи маркази ноҳия дода мешавад, фарқи назаррас дорад; чунин ба назар мерасад, ки ин тафовут на ихтилофи асл, балки натиҷаи фарқи мавқеи чен ва усули ҳисоб бошад – рақами дуюм эҳтимолан ба ҳарорати шабонаи ниҳоии сардтарин рӯзҳо ё ба минтақаҳои баландтари ноҳия дахл дорад, дар ҳоле ки рақами якум ҳарорати миёнаи моҳонаро дар як истгоҳи мушаххас инъикос мекунад. Муҳимтарин хусусияти ин иқлим амплитудаи миёнаи солонаи ҳарорат аст, ки ба 27,9 °C мерасад ва гувоҳи равшани набудани таъсири мӯътадилкунандаи баҳрҳо мебошад.<ref name="ref362" />
Ҳароратҳои фавқулода низ ба қайд гирифта шудаанд: тибқи як ҳуҷҷати арзёбии экологию иҷтимоӣ, дар моҳи июли соли 2013 ҳарорати ҳаво дар ноҳия то +36,6 °C расидааст, дар ҳоле ки дар моҳи январи соли 2012 пасттарин ҳарорати мутлақ −20,5 °C ба қайд гирифта шуд;<ref name="ref342" /> тафовути миёни ин ду нишондиҳанда – беш аз 57 дараҷа – худ далели равшани шиддати иқлими қораии кӯҳистонии ноҳия аст.
Бо ҳар 100 метр болоравии баландӣ, ҳарорати ҳаво, тибқи қонунияти умумии физикаи атмосфера, ба ҳисоби миёна 0,6 °C коҳиш меёбад; маҳз ҳамин градиенти амудӣ сабаб мешавад, ки дар ҳоле ки дар маркази ноҳия тобистон гармои то 30 дараҷа ҳукмфармост, дар баландиҳои болои 4000 метр шароити наздик ба зимистон боқӣ мемонад. Дар минтақаи лозури Ванҷях, тавре ки дар боло зикр гардид, ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво ҳатто дар моҳҳои июн-сентябр ҳамагӣ +1,6 °C-ро ташкил медиҳад, ки шабнаму яхбандии шабонаро дар он ҷо ҳатто дар авҷи тобистон табиӣ мегардонад.
=== Боришот ва намнокии ҳаво ===
Тақсимоти боришот дар ноҳияи Ванҷ, мисли ҳарорат, ба таври шадид вобаста ба баландӣ тағйир меёбад. Тибқи маълумоти истгоҳи Хумроғӣ, боришоти миёнаи солона дар ҳавзаи болооби рӯди Ванҷ ба 341 мм мерасад,<ref name="ref362" /> дар ҳоле ки дар қисматҳои поёнии водӣ ин рақам ба 200-300 мм наздик аст (ниг. боло), ва дар баъзе минтақаҳои миёнакӯҳ, тибқи баъзе сарчашмаҳо, то 626 мм низ мерасад.<ref name="ref322" /> Хусусияти муҳимтарин на ҳаҷми умумии боришот, балки тақсимоти бениҳоят нобаробари он дар тӯли сол аст: моҳи сербориштарин март буда, ба ҳисоби миёна 64 мм боришот дорад ва бо обшавии ҳамзамони барфҳои кӯҳӣ сатҳи оби Ванҷобу Язғуломро кескин боло мебарад; моҳи хушктарин бошад, август аст, ки миқдори боришот дар он ҳамагӣ ба 1 мм мерасад.<ref name="ref362" /> Тафовути 63-миллиметра миёни ин ду моҳ нишондиҳандаи равшани хушксолии мутлақи тобистона мебошад.<ref name="ref362" />
Намнокии нисбии ҳаво низ ба ҳамин ритми мавсимӣ пайравӣ мекунад: дар авҷи тобистон он метавонад то 18-24 фоиз коҳиш ёбад,<ref name="ref382">Погода в Ванче (Таджикистан) (рус.) // JSPRAV.ru. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> ки боиси бухоршавии босуръати намӣ аз сатҳи хоку баргу набот гардида, эҳтиёҷи кишоварзиро ба обёрии сунъӣ хеле меафзояд. Дар муқобил, дар минтақаи баландкӯҳии лозури Ванҷях, тавре ки дар боло омад, миқдори солонаи боришот ба 1192 мм мерасад, ки 99 дарсади он ба шакли барф меборад – рақаме, ки таъсири орографии (кӯҳсози) қаторкӯҳҳои Ванҷу Академияи илмҳоро ба таври возеҳ нишон медиҳад: ҳангоме ки массаҳои ҳавоии намнок ба ин деворҳои азим бармехӯранд, ба боло ҳаракат карда, сард мешаванд ва намии худро дар шакли боришоти шадид дар минтақаҳои баландтар мепартоянд, дар ҳоле ки водиҳои поёнӣ дар ''«сояи боришот»'' боқӣ мемонанд.
Хоки водиҳо ҷигарӣ ва чаманзорӣ (чимтолӣ); хоки кӯҳҳо ва нишебиҳои онҳо даштӣ ва марғзору баландкӯҳ, ҷо-ҷо регзор аст. Аксари хокҳо серсанганд.
Дар водиҳо набототи даштӣ, дар кӯҳҳо ва доманаи онҳо дарахтони бед, арча, сафедор, буттаҳои ангат, зирк, бушол, настаран; дар баландии 2000-4000 м камол, юған, торон, ревоҷ (чукрӣ), куруш, фарк, курт, бодом, жағн, тӯс (буруҷ) ва ғайра мерӯянд. Дар водии Ванҷ дарахтони мевадор, аз қабили тут, зардолу, себ, чормағз хеле фаровонанд ва ҳосили хуб медиҳанд.
Аз ҳайвоноти ваҳшӣ паланг, хирс, гург, шағол, рӯбоҳ, оҳу, суғур, заргӯш, аз парандагон гунҷишк, ғулба, кабки реза, кабки дарӣ (ҳилол), кафтар, боз, ғалевоз, уқоб ва ғайра вомехӯранд.
=== Минтақабандии амудии эко-иқлимӣ ===
Бо сабаби тафовути шадиди баландӣ – аз 1500 метр дар қисматҳои поёнии водӣ то беш аз 6000 метр дар қуллаҳо – иқлими ноҳияи Ванҷ якранг нест, балки аз занҷираи пайдарпайи минтақаҳои эко-иқлимӣ иборат аст, ки ҳар кадоме шароити хоси гармову намнокӣ ва набототу ҳайвоноти мувофиқи худро доранд.
Дар баландии 1500-2000 метр, дар водиҳои Ванҷу Водхуд, иқлим гармтарину мусоидтарин аст; маҳз дар ҳамин минтақа, тавре ки дар боло зикр шуд, дарахтони меваовар – тут, зардолу, себу чормағз – ҳосили фаровон медиҳанд. Аз баландии 2000 то 4000 метр иқлим сардтар мешавад ва набототи дарахтии гармидӯст ҷои худро ба буттаву гиёҳҳои тобовар ба хушкии тобистона медиҳад; маҳз ҳамин минтақа, тибқи таҳқиқоти экологии барномаҳои ҷаҳонии ҳифзи табиати Осиёи Марказӣ, макони зисти намудҳои нодири эндемикӣ – аз ҷумла гиёҳи [*Nepeta badachschanica]* ва шабпараки нодири кӯҳӣ [*Parnassius autocrator]* – маҳсуб мешавад.<ref name="ref392">[https://portals.iucn.org/library/node/48972 World Heritage thematic study for Central Asia] (англ.) // IUCN Portals. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар баландии 4000-5500 метр, дар минтақаи тундраи кӯҳӣ ва марғзорҳои алпӣ, набототи дарахтӣ комилан аз байн меравад ва танҳо гиёҳҳои пастқад, ушна ва сангфаш (лишайник) боқӣ мемонанд; фаунаи ин минтақа – аз ҷумла паланг, хирс, суғур ва кабки дарӣ (ҳилол) – бештар дар фасли тобистон ба ин баландиҳо мебарояд ва бо фарорасии зимистон ба минтақаҳои поёнии гармтар муҳоҷирати амудӣ мекунад.<ref name="ref392" /> Ниҳоят, аз баландии 5500 метр боло, дар минтақаи нивалӣ-лозурӣ, олами яхбандии доимӣ оғоз мешавад, ки ба иқлими қутбҳои Замин монандӣ дорад ва манбаи асосии ғизогирии лозурҳои бузурги ноҳия, аз ҷумла лозури Ванҷях, ба шумор меравад.
=== Хатарҳои гидрометеорологӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ===
Иқлими шадидан қораии ноҳияи Ванҷ, ки бо боришоти пуршиддати баҳорӣ ва хушксолиҳои шадиди тобистона тавсиф мешавад, минтақаро ба яке аз осебпазиртарин ноҳияҳо аз лиҳози хатарҳои гидрометеорологӣ дар тамоми ҳавзаи рӯди Панҷ табдил додааст.<ref name="ref402">Climate Change Vulnerability Assessment Republic of Tajikistan: Building Climate Resilience in the Pyanj River Basin (англ.) // Climate Investment Funds (CIF). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ду омили асосии иқлимӣ сабабгори аксари сел ва обхезиҳо мебошанд. Аввал, вақте ки боришоти шадиди баҳорӣ бо баландшавии ногаҳонии ҳарорат ҳамроҳ мешавад, барфҳои нишебиҳои кӯҳӣ босуръат об шуда, заминро аз ҳад зиёд сернам мекунанд ва ба лағжиши қабатҳои замин ва фаромадани селҳои лойқадор оварда мерасонанд.<ref name="ref362" /> Дуюм, ҳангоме ки ҳарорати нимирӯзии тобистона ба атрофи +30 °C мерасад, суръати обшавии лозурҳо ба ҳадди аксар расида, метавонад боиси обхезиҳои ногаҳонии кӯлҳои лозурӣ гардад,<ref name="ref382" /> падидае, ки, тавре ки дар бахши ''«Лозурҳо ва қуллаҳо»'' зикр гардид, дар мисоли лозури Хирс борҳо ба амал омадааст.
Тибқи арзёбии осебпазирии иқлимӣ, ки дар доираи лоиҳаи минтақавии ''«Ташаккули устувории иқлимӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ»'' анҷом дода шудааст, деҳаҳои ноҳияи Ванҷ, аз ҷумла дар ҷамоатҳои Водхуду Язғулом, дар қатори минтақаҳои дорои хатари миёна ва баланди зарар аз сел ва обхезӣ гурӯҳбандӣ шудаанд.<ref name="ref402" /><ref name="ref412">[https://www.adb.org/projects/45354-002/main 45354-002: Building Climate Resilience in the Pyanj River Basin] (англ.) // Asian Development Bank. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Барои коҳиш додани ин осебпазирӣ, дар доираи лоиҳаҳои байналмилалии мутобиқшавӣ ба иқлим, дар ҳудуди ҷамоати Водхуд корҳои мустаҳкамкунии соҳили рӯди Ванҷоб ва барқарорсозии лӯлаҳои оби полезӣ анҷом дода шудаанд, ки ҳадафи онҳо ҳифзи заминҳои кишоварзӣ аз сел ва кафолати таъминоти об дар давраҳои хушксолии шадид мебошад.<ref name="ref402" /> Ин гуна тадбирҳои инфрасохторӣ, дар якҷоягӣ бо гузариш ба неруи барқи хурди обӣ (ниг. бахши ''«Энергетика»'') ва вобастагии иқтисоди хонаводаҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ (ниг. бахши ''«Муҳоҷирати меҳнатӣ»''), нишондиҳандаи равшани он мебошанд, ки иқлими шадиди кӯҳистонӣ на танҳо омили табиӣ, балки муайянкунандаи асосии тарзи зиндагӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ванҷ боқӣ мемонад.
{| class="wikitable"
!'''Ҷадвали 1. Хулосаи нишондиҳандаҳои иқлимии ноҳияи Ванҷ'''<ref name="ref362" /><ref name="ref322" /><ref name="ref342" /><ref name="ref372" /><ref name="ref382" />
|-
|'''Нишондиҳанда'''
|'''Қимат'''
|'''Тавзеҳ'''
|-
|Ҳарорати миёнаи солона
| +9,9 °C
|Истгоҳи Хумроғӣ
|-
|Ҳарорати миёнаи июл (гармтарин моҳ)
| +23,0...+25,0 °C
|Хумроғӣ / маркази ноҳия
|-
|Ҳарорати миёнаи январ (сардтарин моҳ)
|−4,9...−5,0 °C
|Истгоҳи Хумроғӣ
|-
|Амплитудаи миёнаи солонаи ҳарорат
|27,9 °C
|Нишондиҳандаи иқлими қораӣ
|-
|Максимуми мутлақ (рекорд)
| +36,6 °C
|Июли соли 2013
|-
|Минимуми мутлақ (рекорд)
|−20,5 °C
|Январи соли 2012
|-
|Боришоти солона (Хумроғӣ)
|341 мм
|Ҳавзаи болооби рӯди Ванҷ
|-
|Моҳи сербориштарин
|64 мм
|Март
|-
|Моҳи хушктарин
|1 мм
|Август
|-
|Намнокии нисбии ҳаво дар тобистон
|18-24 %
|–
|}
Тавсифи иқлимии асри XIX низ ба хусусиятҳои дар боло зикршуда мувофиқат мекунад: тибқи мушоҳидаи Юхновский (1894), водии Ванҷ, дар муқоиса бо дигар қисматҳои Дарвоз, аз лиҳози иқлимӣ фарқ дошта, азбаски бештар ба бодҳои шимолӣ кушода буд, зимистони он бо сахтии бештар тавсиф мешуд.<ref name="ref211" /> Бо вуҷуди ин, тибқи гуфтаи сокинони маҳаллӣ, ки Юхновский овардааст, миқдори барфу борон он қадар зиёд набуд ва алоқаи роҳ дар тӯли дарёи Ванҷ одатан дар давоми сол қатъ намешуд; танҳо дар мавридҳои нодир, дар натиҷаи тӯфони барфӣ, роҳ аз 4 то 10 рӯз дар як сол баста мешуд.<ref name="ref211" />
== Таърих ==
Ванҷ таърихи чандинҳазорсола дорад, ки осори таърихии он то ҳол пойбарҷоянд, аммо касе аз донишмандони таърих ва бостоншиносони тоҷик ба пажӯҳиши ҷиддии ин ганҷинаи таърих домани ҳиммат барназадааст. Сағонаҳо ва дахмаҳои Ванҷ худ далели ошкори таърихи чандҳазорсолаи ин куҳанбуманд. Бо ин ҳама, таърихи навини водӣ дар осори муаррихони тоҷик – мақолаи академик [[Раҳим Масов]] ''«Оид ба таърихи водии Ванҷ»'' ва китобҳои профессор [[Ҳайдаршо Пирумшоев]] – мавриди баррасии махсус қарор гирифтааст.<ref name="ref422">Масов Р. М. К истории Ванчской долины // Мероси ниёгон. — Душанбе, 1999. — № 4. — С. 20–30.</ref><ref name="ref210" />
Сарнавишти таърихии Ванҷ аз дигар мавзеъҳои тоҷикнишини Бухорои Шарқӣ ва ғарби Бадахшон чандон фарқе надошт. Фоҷиаҳое, ки дар ин ё он гардиши таърихӣ, мисли ҳуҷуми муғулҳо, темуриён ва тозиши дигар қабилаҳои кӯчии туркнажод ва хунрезиҳои ваҳшиёна дар давраи парокандагии феодалӣ рух доданд, бар ин сарзамин бетаъсир набуданд. Тоҷиконе, ки зери таъқибу фишори аҷнабиён қарор гирифта буданд, барои ҳифзи ҷони худ ба тагнои ин дараҳои дастнорас, ба каронаҳои рӯдҳои кӯҳӣ паноҳ бурданд ва ба ҷойҳои дурдасте кӯчиданд, ки сокинони маҳаллӣ дар он солиёни дароз бо кӯшишу ранҷи сахт қитъаҳои хурди заминро барои кишт созгор мекарданд.
Далели мустақими мардумшиносии ин падидаи муҳоҷират аз ҷониби шарқшиноси рус А. А. Семёнов, ки соли 1898 дар доираи экспедитсияи расмии граф А. А. Бобринский ба кӯҳҳои Зарафшону [[Қаротегин|Қаротегину]] Дарвоз сафар карда буд, сабт гардидааст:
''«Обитатели долины Ванджа говорили, что ихъ долина заселена недавно, лѣтъ сто тому назадъ, выходцами съ Хингоба. Это переселеніе, замѣтимъ, на Вандж съ Хингоба продолжается, вѣроятно, и до сихъ поръ: намъ здѣсь приходилось встрѣчать много туземцевъ, которые родились въ долинѣ Хингоба и недавно переселились на Ванджъ. Туземцы Дарваза по Пянджу передавали, что ихъ отцы заселили правый берегъ рѣки, когда лѣвый былъ занятъ, и пришли сюда изъ долины Хингоба, туда же переселились съ Ях-Су.»''
Тарҷума: ''«Сокинони водии Ванҷ мегуфтанд, ки водии онҳо на чандон пеш, тахминан сад сол қабл, аз ҷониби муҳоҷирони аз Хингов омада маскун шудааст. Ин муҳоҷират, бояд қайд кард, аз Хингов ба Ванҷ, эҳтимол, то ба имрӯз низ идома дорад: мо дар ин ҷо бисёр сокинонеро вохӯрдем, ки худашон дар водии Хингов таваллуд шуда, ба наздикӣ ба Ванҷ кӯчида буданд. Сокинони бумии Дарвоз дар соҳили Панҷ нақл мекарданд, ки падарони онҳо соҳили рости дарёро – вақте ки соҳили чап аллакай ишғол шуда буд – маскун сохтаанд ва ба ин ҷо аз водии Хингов омада буданд, ки худ пеш аз он аз Ях-Су ба он ҷо кӯчида буд»''.<ref name="ref432">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. — М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. — С. 20.</ref> Ин маълумоти мардумшиносӣ, ҳарчанд бар асоси ривояти шифоҳии сокинон дар охири асри XIX сабт шуда ва набояд ҳамчун санади мутлақи таърихӣ пазируфта шавад, бо ин ҳама, бо тасвири умумии дар боло овардашуда – ки водиро паноҳгоҳи гурезагони кӯҳистонӣ аз минтақаҳои гуногун меҳисобад – ҳамоҳангии комил дорад. Дар бораи таърихи куҳантари Ванҷ ҳанӯз манбаъи мувассақе ба даст нарасидааст. Аммо аз таҳқиқоти донишмандони руси тоинқилобӣ ва муҳаққиқони аҳди шӯравӣ бармеояд, ки Ванҷ қариб то охири асрҳои миёна истиқлоли худро нигоҳ медошт. Ин назарро донишманди маъруф, мутахассиси таърихи Бухорои Шарқӣ ва Бадахшон Б. Искандаров чунин баён кардааст:<ref name="ref442">Искандаров Б. И. Восточная Бухара и Памир во второй половине XIX в. Ч. 1–2. — Душанбе, 1962–1963.</ref>
Аз мулкҳои қаламрави Дарвоз сокинони Ванҷ нисбатан мустақилияти воқеъиро соҳиб буданд. Ин ноҳияро кӯҳҳои баланд иҳота мекунанд ва он аз шоҳроҳи пайвандгоҳи мулкҳои кишвар дар канор, дар наздикиҳои доманаи лозури Федченко ҷой дорад. Аз ин ҷиҳат мулки номбурда барои аҷнабиён дастнорас буд. Ба ин нигоҳ накарда, хонҳои [[Қӯқанд]] дар охири асри XVIII - ибтидои XIX борҳо барои ғасбу тобеъ намуданаш кӯшиш ба харҷ додаанд, вале ҳама талафоту харҷашон беҳуда анҷом ёфтааст.
Ванҷ дар замони истилои муғулон ва салтанати [[Темуриён]], [[Шайбониён]] ва [[Аштархониён]] ба таври расмӣ ҷузъи қаламрави онҳо шинохта мешуд, аммо амалан мустақил буд. Ин вазъиятро метавон дар замони ташаккули давлатдории Қӯқанд (авохири асри 18 - нимаи якуми асри 19) низ мушоҳида кард. Мувофиқи маълумоти маъхазҳо, Ванҷ то замони эътироф кардани ҳукумати шоҳи Дарвоз Исмоил (1845-1863) истиқлоли худро нигоҳ дошт. Дар замони ҳукмронии шоҳони вопасини Дарвоз (1863-1877) Ванҷ бахше аз қаламрави он ҳисоб меёфт. Баъд аз пайвастани Ванҷ ба Дарвоз иқтидори ҳокимони Дарвоз афзоиши чашмгире дошт, зеро бо ҳамроҳ шудани паҳлавонони ҳузарби ванҷӣ ба сафи лашкари Исмоилшоҳ имконоти ҷангии ӯ бамаротиб афзуд. Дар бораи муносибати мураккаби Ванҷ бо ҳокимони марказии Дарвоз, ки байни итоат ва муқовимат дар навасон буд, шаҳодати арзишманди дигаре аз офицери Штаби Генералии Русия, капитан А. Кузнецов боқӣ мондааст, ки соли 1892 ба таври пажӯҳиши ҳарбӣ аз Дарвоз дидан кардааст. Тибқи гузориши ӯ, гоҳе Шоҳони Дарвоз маҷбур мешуданд бар зидди бекҳои саркаши Ванҷ лашкар бифиристанд:
''«Тѣмъ не менѣе этимъ переваломъ во время оно Дарвозскіе Ша посылали войска съ артиллеріей въ Ванчъ на усмиреніе непокорныхъ бековъ, которые портили по Пянджу дорогу и занимали оборонительно тѣснины этой рѣки.»''
Тарҷума: ''«Бо ин ҳама, тавассути ҳамин ағба буд, ки замоне Шоҳони Дарвоз лашкар бо тӯпхона ба Ванҷ мефиристоданд, барои ба итоат овардани бекҳои саркаше, ки роҳи канори Панҷро вайрон мекарданд ва тангноҳои ин дарёро ба таври мудофиавӣ ишғол менамуданд»''.<ref name="ref452">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 12–13.</ref> Мисоли дигари ин рӯҳияи истиқлолхоҳонаи Ванҷ дар хотираи мардумӣ низ маҳфуз мондааст: тибқи иттилои Кузнецов, тахминан 120 сол пеш аз боздиди ӯ, яъне дар замони Шоҳ Иброҳими Дарвоз, ҳокими Ванҷ — Шабосхон — бо роҳи ағбаи Кашолаях ба Сариқул барои ғорати қирғизҳо лашкар кашида буд:
''«Послѣдній разъ этимъ переваломъ ходилъ управитель Ванча Шабосъ-ханъ въ Сары-Колъ грабить киргизъ. Это было 120 лѣтъ тому назадъ во время Дарвозскаго Ша-Ибрагима.»''
Тарҷума: ''«Бори охирин аз ҳамин ағба ҳокими Ванҷ, Шоҳаббосхон барои ғорати қирғизҳо ба Сариқул гузашта буд. Ин ҳодиса 120 сол пеш, дар замони Шоҳи Дарвоз Иброҳим, рӯй дода буд»''.<ref name="ref462">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 21–22.</ref>
Тибқи ривояти маҳаллӣ, ки муаррихон Р. Масов ва Ҳ. Пирумшоев дар асари бунёдии худ ''«Файзи истиқлол дар "Боми ҷаҳон"»'' сабт кардаанд, дар деҳаи Кулумбаи Боло то ба имрӯз нишонаҳои коркарди тилло боқӣ мондаанд, ки гӯё дар замони истилои муғулон навкарони Чингизхон мардуми маҳаллиро маҷбуран ба ин фаъолият сафарбар карда буданд.<ref name="ref472">Масов Р. М., Пирумшоев Ҳ. Файзи истиқлол дар «Боми ҷаҳон». — Душанбе: Дониш, 2011. — 412 с. — ISBN 978-99947-2-004-0. — С. 362–363.</ref> Ин ривоят нишон медиҳад, ки ҳарчанд қудратҳои бузург метавонистанд нуфузи худро ба таври муваққатӣ ва барои истихроҷи захираҳо таҳмил кунанд, онҳо ҳеҷ гоҳ натавонистанд назорати пурраи маъмуриро дар ин дараҳои маҳкам барқарор намоянд. Дар замони салтанати Темуриён низ, тибқи маълумоти муаррихи асримиёнагӣ Абдурраззоқи [[Самарқанд|Самарқандӣ]], агарчи минтақа расман дар итоати Темур буд, он аз ҷониби шоҳони маҳаллӣ идора мешуд ва ҳатто дар лашкари Темур ҳангоми муҳосираи Қалъаи Калот (соли 1381 милодӣ) дастаҳое аз сокинони Дарвозу Қаротегин хидмат мекарданд, ки гувоҳи иқтидори ҳарбии ин кӯҳистониён аст.<ref name="ref472" />
Дар охири асри XVIII ва нимаи якуми асри XIX хонҳои Қӯқанд якчанд маротиба кӯшиши тобеъ намудани Ванҷу Дарвозро ба харҷ доданд: дар замони салтанати Умархон (1810-1822) ва Мадалихон лашкаркашиҳои пайдарпай ба самти Қаротегину Дарвоз сурат гирифтанд; чунончи соли 1834 Мадалихон бо сарварии Машариф Атолиқ лашкари бузургеро барои саркӯб кардани шоҳзодагони фирории қӯқандӣ ба ин манотиқ фиристод, ки боиси даргириҳои шадид бо сипоҳиёни маҳаллӣ гардид.<ref name="ref482">Мудабирзода. Диссертатсия // Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш, 2025.</ref> Бо вуҷуди ин талошҳо ва хароҷоти зиёди ҳарбӣ, тавре ки дар боло аз қавли Искандаров зикр гардид, Ванҷ мустақилияти воқеии худро нигоҳ дошт.
Бо таваҷҷуҳ ба ин мавзӯъ, намояндаи расмии идораи Русия дар Туркистон Г. А. Арандаренко чунин қайд намудааст:
Дар давраи Исмоилшоҳ ба дарвозиён фурсат даст дод, ки ҳокимияти худро на танҳо дар Қаротегин ва Шуғнон густариш диҳанд, балки аз [[Кӯлоб|Кӯлобу]] [[Ҳисор]] низ боҷ биситонанд, гарчи дар муддати на чандон тӯлонӣ ҳам бошад.
Тибқи таҳқиқоти навтарин, Исмоилшоҳ дар авҷи иқтидори худ ба ин доираи васеъ ҳатто Рӯшонро низ тобеъ карда буд.<ref name="ref482" /> Вақте ки дар охирҳои солҳои 1860-ум ҳокимони Кӯлобу Ҳисор – Сарахон ва Абдулкаримбий – бо лашкари тахминан 50 ҳазор нафара ба муқобили ӯ бархостанд, Исмоилшоҳ бо дастгирии неруҳои содиқи худ, аз ҷумла паҳлавонони ванҷӣ, ба онҳо муқовимати шадид нишон дод.<ref name="ref482" />
Баъди ба Русия ҳамроҳ кардани Осиёи Миёна, амир Музаффар (1860-1885) бо дастгирии фармондори вилояти Туркистон манотиқи мустақиллу нимамустақилли Бухорои Шарқиро тасарруф кард ва нерӯҳои ҳарбии худро бо сарварии Худойназар (зимистони солҳои 1877-78) ба воситаи ағбаи Работ ба Қалъаи Хумб фиристод. Худойназар Қалъаи Хумбро ишғол кард, сипас ба самти Ванҷ ҳаракат намуд. Дар наздикии деҳаи Кеврон набарди сахте рӯй дод ва аскарони амир тавонистанд лашкари Дарвозро шикаст дода, таъқиби сарбозони боқимондаро идома диҳанд. Дастаи размандагони ихтиёрии Ванҷ ҳаракати сарбозони амирро дар назди Қалъаи Рохарв – маркази Ванҷ боздоштанд. Баъди муҳосираи бенатиҷаи қалъа сарбозони амир ба Қалъаи Хумб баргаштанд. Ванҷ баъди тобеъ шудани шоҳии Дарвоз боз ду сол истиқлоли худро нигоҳ дошт. Дар давраи салтанати сулолаи манғитиён Ванҷ яке аз амлокдориҳои нисбатан бонуфузи бекии Дарвоз ба шумор мерафт.
Амлокдори Ванҷро ''«мир»'' ва ё ''«шоҳ»'' меномиданд, яъне мири Ванҷ ё шоҳи Ванҷ. Вижагии вазифаи мирӣ дар Ванҷ дар ин буд, ки номзадии мири Ванҷро бо машварат ва ройзании шахсиятҳои бонуфузи маҳаллӣ пешбарӣ мекарданд, сипас мири Дарвоз бар ӯ мувофиқат мекард ва аз амири [[Бухоро]] таъйиди ниҳойӣ дарёфт мешуд. Ҷамъ намудани андоз ва уҳдадориҳои феодалӣ ба зиммаи мир гузошта шуда буданд.
Муҳимтарин санади таърихӣ, ки сохтори деҳаҳо ва демографияи ин давраро тасдиқ мекунад, ҳуҷҷати барӯйхатгирии саросарии [[Аморати Бухоро]] дар соли 1914 мебошад. Тибқи ин санад, ки 6-уми моҳи рабиъу-с-сонии соли 1332-и ҳиҷрӣ (мутобиқ ба марти соли 1914) аз тарафи беки Дарвоз Абдусатторбек Бийи Додхоҳ бо муҳр тасдиқ шудааст, маркази амлокдории Ванҷ расман дар деҳаи Рохарв (макони Қалъаи Ванҷ) сабт гардидааст.<ref name="ref492">Ванҷ ва Язгулом 112 сол пеш аз ин // Газетаи мардумии СССР. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ин рӯйхати нодир нишон медиҳад, ки аксари мутлақи деҳаҳои имрӯзаи водӣ ҳанӯз сад сол қабл бо ҳамон номҳои таърихии худ вуҷуд доштанд ва қисми узвии сохтори маъмурии амлокдорӣ буданд.<ref name="ref492" />
=== Санадҳои таърихӣ ва фармонҳои шоҳон ===
Илова бар санади расмии барӯйхатгирии Аморати Бухоро, дар Ванҷ намунаҳои қадимтари номанигории маҳаллӣ низ то замони мо расидаанд, ки худ аз сатҳи баланди фарҳанги хаттии минтақа ва мавҷудияти дастгоҳи мураттаби идоракунӣ дар назди шоҳони Дарвоз шаҳодат медиҳанд.
Аз ҷумла, дар фармони Маҳмудхон ибни Султон Маҳмудхон, ки ба соли 1293 ҳиҷрӣ (1876 милодӣ) тааллуқ дорад, ба сокинони қаламрави Ванҷ, аз ҷумла деҳаҳои Роғ ва Ускроғ, чунин эълон шудааст:
''«Ҳазрати воҷиб таоло... чун осори хидматгорӣ ва вазоифи ризоҷӯӣ аз ҷабини Исмоил ибни Додхо зоҳиру ҳувайдо гардида, ба ин тариқа ки дар ҷанги боғи Қалъаи Хум, ки миёни дарвозӣ ва кӯлобӣ воқеъ шуд ва далериҳо намуда, аспу аслиҳаи душманро ғанимат гирифта... мо ҳам лоиқи тарбият ва муносиби мурувваташ дида, як ҷомаи раъси алоча, ки солиёна амал дошт, маоф намуда, ба худаш бахшидем... Санаи 1293/1876. Мӯҳр: Маҳмудхон ибни Султон Маҳмудхон.»<ref name="ref209">"Намунае чанд аз услуби номанигорӣ ва санаднигории қабл аз омадани русҳо дар Ванҷ" (аз соли 1876 милодӣ) // Аз маводи бойгонии маҳаллии Ванҷ.</ref>''
Ин фармон, ки хидматҳои ҳарбии Исмоил ибни Додхоро дар ҷанги боғи Қалъаи Хум (миёни дарвозиён ва кӯлобиён) эътироф намуда, ӯро аз пардохти андози солонаи ҷома (маоф) озод мекунад, гувоҳи он аст, ки шоҳони Дарвоз низоми мукаммали мукофотдиҳӣ ва андозситонии феодалиро идора мекарданд.
Санади дигаре, ки ба соли 1824 милодӣ тааллуқ дорад, номаи сокинони Водхуд ба сокинони Пшихарв аст, ки дар он аз рабудану куштани чорвои ҳамдигар шикоят шудааст:
''«...аз қадимулайём мо-ён ба шумоён духтар дода, духтар гирифта. Чӣ шудааст, ки дар асри шумо оқсақолон ин тариқа корҳои беҳудаи фасодӣ ва дуздию ғорати бисёр пайдо шуда истодааст. Нарбузи Иброҳимро фармудед қасдан гирифта кушта хӯрдед...»<ref name="ref210" />''
Мавҷудияти чунин номаву фармонҳо, ки байни оилаҳои хешованди Пшихарву Водхуд – ки анъанан ба ҳамдигар духтар медоданду мегирифтанд – ҳам барои эълони мукофот ва ҳам барои ҳалли баҳсҳои ҳуқуқӣ истифода мешуданд, нишон медиҳад, ки дар Ванҷи пеш аз омадани Русия сокинон барои ҳалли масъалаҳои баҳсбарангез аз роҳҳои расмии ҳуқуқӣ ва анъанаи хаттӣ истифода мебурданд, на танҳо аз доварии урфӣ.
Сокинони водии Ванҷ [[Инқилоби Октябр|Инқилоби Октябрро]] нисбатан хуб пазируфтанд, вале пас аз муддати кӯтоҳе муборизони маҳаллии муқовимат, аз пайравони Фузайл Махсум ва дигарон, ки бо номи ''«босмачиён»'' маъруфанд, чандин бор бо Артиши Сурх ва давлати шӯравии мустақарр дар Ванҷ даргир шуданд. Дар ин даргириҳо барои дифоъ аз ҳукумати шӯравӣ фидоиёни маҳаллӣ, мисли М. Давлатов, С. Раупов, Т. Шарифов, В. Эҳсонов, У. Меҳралишоев, Ҷ. Сафоев, Қ. Собиров ва дигарон ширкат доштанд.
Тафсилоти иловагӣ дар бораи ҳамин рухдодҳо — аз ҷумла робитаи онҳо бо мудохилаи Британия дар минтақа — дар мақолаи Т. Г. Абаева дар бораи пажӯҳишҳои А. В. Станишевский омадааст:
''«Басмаческий налет весной 1929 г. на Гарм и на Ванчский район Западного Памира был осуществлен под руководством капитана Вуда-Балларда, помощника малакандского политического агента по Читральскому княжеству.»''
Тарҷума: ''«Ҳамлаи босмачиён дар баҳори соли 1929 ба Ғарм ва ба ноҳияи Ванҷи Помири Ғарбӣ таҳти роҳбарии капитан Вуда-Баллард, ёрдамчии агенти сиёсии малаканд оид ба амораи Читрал, амалӣ гардид.»''.<ref name="ref502">Абаева Т. Г. Исследования А. В. Станишевского (Азиза Ниалло) о Памире // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 281.</ref>
Бино бар сарчашмаҳои таърихӣ, дар асрҳои миёна Ванҷ се ниҳиштаи маъдани оҳансанг дошт. Ҳанӯз дар оғози асри XX истихроҷи оҳан, гудохтани он ва оҳангарӣ яке аз пешаҳои асосии мардуми маҳаллии Ванҷ буд, ки бо ин пеша манотиқи муҷовирро бо оҳан ва афзоли хоҷагӣ, асбоби кишоварзӣ, корду шамшер ва дигар аслиҳа таъмин мекарданд.<ref name="ref512">Камалиддинов Ш. С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX — начала XIII вв. — Ташкент: Ӯзбекистон, 1996.</ref> Ин касби мардумии ванҷиёнро шарқшиноси маъруф М. С. Андреев ҳанӯз соли 1926 дар рисолаи махсуси худ ''«Истеҳсоли оҳан дар водии Ванҷ»'' муфассал тавсиф кардааст.<ref name="ref522">Андреев М. С. Выработка железа в долине Ванча (верховья Аму-Дарьи). — Ташкент, 1926.</ref>
Тибқи маълумоти иловагӣ дар бораи ин ҳунари мардумӣ, гудозиши оҳан дар кӯраҳои махсуси заминӣ - чиндонҳо, ки аз сангҳои тарошиданашуда ва гил сохта мешуданд, анҷом мепазируфт; оташро тавассути дамҳои аз пӯсти буз сохташуда меафрӯхтанд ва ҳамчун сӯзишворӣ аз ангишти чӯб ва барои афрӯхтани оташ, буттаи кӯҳии ''«пӯш»''-ро истифода мекарданд.<ref name="ref532">[https://istmat.org/files/uploads/43175/i.e.hodorov_tadzhikistan_v_narodnom_hozyaystve_sssr.pdf Ходоров И. Е. Таджикистан в народном хозяйстве СССР] (рус.) // Исторические материалы (istmat.org). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Як чунин кӯра тавоноӣ дошт, ки дар як шабонарӯз то 240 килограмм маъданро коркард намояд ва раванди пайвастаи гудозиш аз 2 то 5 шабонарӯз идома меёфт;<ref name="ref532" /> маҳз ҳамин технологияи маҳаллӣ ба Ванҷ имкон медод, ки аз воридоти металл аз берун вобаста набошад ва артиши худро бо аслиҳаи сард таъмин карда, худкифоии ҳарбию иқтисодиро кафолат диҳад.
Шаҳодати мустақил ва қадимтарини мустанад дар бораи ин анъанаи оҳангарӣ, ки бисту се сол пеш аз тадқиқоти Андреев сабт шудааст, аз гузориши капитан Кузнецов (соли 1892) бармеояд:
''«Серебро имѣется въ Джумарчскомъ амилякдарствѣ, свинецъ, олово у кишлака Вараунъ, желѣзо по р. оби-Ванчъ, главнымъ образомъ въ окрестностяхъ кишлака Техарви, кишлака Потау и кишлака Вань-Вань. Туземцы берутъ желѣзную руду, лежащую только на верхнихъ слояхъ земли; обжигаютъ ее въ особо-устроенныхъ печахъ, причемъ изъ 2 пудовъ руды получается желѣза полъ-пуда.»''
Тарҷума: ''«Нуқра дар амлокдории Ҷумарҷ мавҷуд аст, сурбу қалъагӣ — дар канори рустои Баравн, оҳан бошад — дар канори дарёи Ванҷ, асосан дар атрофи рустоҳои Техарв, Потов ва Ван-ван. Бумиён маъдани оҳанро, ки танҳо дар қабатҳои болоии замин ҷой дорад, бармедоранд; онро дар кӯраҳои махсус месӯзонанд, ки дар натиҷа аз ду пуд маъдан ним пуд оҳан ба даст меояд»''.<ref name="ref542">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 55–56.</ref> Кузнецов инчунин истихроҷи тиллоро дар ҳавзаи дарёи Ванҷ (дар канори Сағирдашту Язғулом), ки бо усули ибтидоии кӯшмаву ғалбер сурат мегирифт, тасвир кардааст ва аз байни ҳунарҳои дастии амлокдории Ванҷ, махсусан кордсозиро зикр намудааст:
''«Изъ кустарнаго производства обращаетъ на себя вниманіе только выдѣлка ножей въ Ванчскомъ амилякдарствѣ, да повсюду приготовленіе мату для одежды.»''
Тарҷума: ''«Аз ҳунарҳои дастӣ танҳо кордсозӣ дар амлокдории Ванҷ ва — дар ҳама ҷо — тайёр кардани мату барои либос таваҷҷуҳро ҷалб мекунад»''.<ref name="ref552">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 68.</ref>
Ванҷ аз замони [[Сомониён]] то соли 1877 ҳукумате мустақил дошта, фармонравоёни онро шоҳ мехондаанд. Соли 1878 амири Бухоро ба Дарвоз лашкар кашид ва пас аз хиёнати баъзе дарвозиён ба Дарвоз муставлӣ шуд; Дарвозро бекигарӣ ва Қалъаи Хумбро қароргоҳи урдуи манғитиён гардонд. Дарвоз тайи солҳои 1878-1920 яке аз бекигариҳои Бухоро буд ва бек дар Қалъаи Хумб менишаст ва мир хонда мешуд. Бо вуҷуди ин ҳама, Ванҷ зоҳиран дар итоати бекигарӣ буд, вале истиқлоли худро нигаҳ дошт ва пои шуми сипоҳи манғитиён ба Ванҷзамин нарасид.
Тафсилоти иловагӣ дар бораи лаҳзаҳои ниҳоии хонигарии мустақили Дарвоз низ дар ҳамин гузориши Кузнецов сабт шудааст. Тибқи маълумоти ӯ, дар арафаи суқут, аз тамоми қаламрави собиқи хонигарӣ ба охирин Шоҳи Дарвоз — Сераҷетдин — танҳо чанд мулки марказӣ, аз ҷумла худи Ванҷ, боқӣ монда буд:
''«...послѣднему дарвозскому Ша Сераджетдину принадлежали только Кала-и-Хумбъ, Ванчъ, Язулемъ, всѣ амилякдарства лѣваго берега Пянджа съ Хагономъ включительно, Хуллезъ и Вахія.»''
Тарҷума: ''«...ба охирин Шоҳи дарвозӣ Сироҷидин танҳо Қалъаи Хумб, Ванҷ, Язғулом, тамоми амлокдориҳои соҳили чапи Панҷ то Ҳагонро (Деҳагон, Деҳхагон) дар бар гирифта, инчунин Хулоз ва Вахё тааллуқ доштанд»''.<ref name="ref562">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 5.</ref> Ва ҳангоме ки соли 1878 сипоҳи бухороӣ бо сарварии Худойназар-Атолиқ ногаҳон ба Қалъаи Хумб наздик шуд, Сироҷидин-Шоҳ бидуни ҷанг таслим гардид, вале роҳи гурези худро маҳз аз тариқи Ванҷ интихоб намуд:
''«Сераджетдинъ-Ша сдалъ крѣпость безъ бою, а самъ бѣжалъ черезъ Ванчъ въ Кокандъ къ Худаяръ-хану.»''
Тарҷума: ''«Сироҷидин-Шоҳ қалъаро бидуни ҷанг таслим кард, худаш бошад, аз тариқи Ванҷ ба Қӯқанд, назди Худоёрхон гурехт»''.<ref name="ref572">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 6.</ref>
=== Экспедитсияи сарҳадии соли 1893 ===
Соли 1893 экспедитсияе бо мақсади таҳқиқи марзҳои берунии Империяи Русия бо Форсу Афғонистон ва барқарор кардани назорати гумрукии сарҳадӣ дар ҳудуди вилояти Наздикаспӣ ва Хонигарии Бухоро ташкил дода шуд. Яке аз аъзои ин экспедитсия, капитани штаби генералии Февралёв, қитъаи камомӯхтаи сарҳадро аз дарёи Ванҷ дар тӯли рӯдҳои Панҷу Ому то истеҳкоми [[Керкӣ]] таҳқиқ намуд.<ref name="ref211" /> Дар натиҷаи ин таҳқиқот, ки минтақаи баландкӯҳии шарқи Бухороро низ фаро мегирифт, машварати махсуси аъзои экспедитсия бо шахсиятҳои соҳибнуфузи давр — губернатори ҳарбии вилояти Самарқанд граф Н. Я. Ростовцов ва агенти сиёсии Русия дар Бухоро П. М. Лессар — баргузор гардид.<ref name="ref211" /> Натиҷаи ин машварат чунин буд, ки минтақаи мазкур, ба сабаби вазъи вуҳушонаву душвории убури он, аз ҷониби постҳои назорати сарҳадӣ ишғол нагардад; ба ҷои он, хатти назорати сарҳадӣ аз рустои Боғорак тавассути Дарвозу Қаратегин, аз пунктҳои Қалъаи Хумб, Тобидара, Ғарм ва Думбарачӣ, то пайвастшавӣ бо хатти назорати сарҳадии вилояти [[Фарғона]] гузаронида шуд.<ref name="ref211" /> Тибқи дастури сарфармондеҳи кулли вилояти Туркистон, барон А. Б. Вревский, аз пости Қалъаи Хумб бояд як гашти патрулӣ ба рустои Рохар дар соҳили дарёи Ванҷ фиристода мешуд, зеро маҳз ба водии ҳамин рӯд роҳҳои аз Рӯшон меомадагӣ мебаромаданд.<ref name="ref211" />
Соли 1895 бекигарии Дарвоз, ки дар ҳар ду канораи рӯди Панҷ қарор дошт, дар паи ҷаҳонгириҳои Русия ва Британия дупора гардид: канораи рост ба аморати Бухоро ва канораи чап ба Афғонистон дода шуд.<ref name="ref582">Постников А. В. Схватка на «Крыше Мира»: политики, разведчики и географы в борьбе за Памир в XIX веке. — М.: Памятники исторической мысли, 2001. — 416 с. — ISBN 5-88451-100-0.</ref>
Ванҷ то соли 1920 амлокдории Қалъаи Ванҷи бекигарии Дарвози аморати Бухоро буд. Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 Ванҷ аз соли 1920 то 1924 чун тумани Ванҷ дар ҳайати вилояти Ғарми [[Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро]] ҷой дошт. Солҳои 1925-1926 Ванҷ чун ҷузъи тумани Қалъаихумби вилояти Ғарми ҶМШС Тоҷикистон ҳисоб меёфт. Солҳои 1926-1930 волости Ванҷ дар ҳайати ВМКБ буд. Солҳои 1930-1933 Ванҷ чун қисми ҳудуди ноҳияи Қалъаихумб бевосита дар тобеъияти ҷумҳурӣ буд.
Тибқи Қарори Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон аз 29 майи соли 1933, №46 расман ноҳияи Ванҷ таъсис ёфта, то соли 1937 дар тобеъияти бевоситаи ҷумҳурӣ қарор дошт. Дар асоси Қарори Президиуми КИМ-и Шӯроҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 августи соли 1937, №43 ноҳияи Ванҷ бо ҳамаи деҳшӯроҳояш: Ванҷ, Водхуд, Рованд, Техарв, Жовуд ва Язғулом расман ба ҳайати ҳудудии ВМКБ гузаронида шуд. Бино бар ин, ноҳияи Ванҷ ҳамчун воҳиди маъмурӣ дар ҳайати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 11 августи соли 1937 ташаккул ёфтааст.
{| class="wikitable"
!'''Ҷадвали 2. Таҳаввулоти маъмурию ҳудудии Ванҷ (то соли 1878 – соли 1937)'''
|-
|'''Марҳилаи таърихӣ'''
|'''Мақоми маъмурию ҳудудӣ'''
|'''Тобеияти давлатӣ/минтақавӣ'''
|-
|То соли 1878
|Мухторияти комил / Иттиҳод бо Дарвоз
|Идоракунии мустақил таҳти сарварии шоҳ
|-
|1878-1920
|Амлокдории Қалъаи Ванҷ
|Бекигарии Дарвоз, Аморати Бухоро
|-
|1920-1924
|Тумани Ванҷ
|Вилояти Ғарми Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро
|-
|1925-1926
|Ҷузъи тумани Қалъаихумб
|Вилояти Ғарми ҶМШС Тоҷикистон
|-
|1926-1930
|Волости Ванҷ
|Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
|-
|1930-1933
|Қисми ноҳияи Қалъаихумб
|Тобеияти бевоситаи ҶШС Тоҷикистон
|-
|29 майи 1933
|Ноҳияи Ванҷ (таъсиси мустақил)
|Тобеияти бевоситаи ҶШС Тоҷикистон
|-
|11 августи 1937
|Ноҳияи Ванҷ бо 6 деҳшӯро
|Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ)
|}
Дар нимаи солҳои 1950-ум сиёсати муҳоҷиркунонии аҳолии кӯҳистон ба водиҳои пахтакор ба Ванҷ низ бетаъсир намонд: соли 1954 сокинони водии Язғулом ба ноҳияи Куйбишеви водии Вахш кӯчонида шуданд. Гармои тоқатфарсо, беморшавии оммавӣ ва фавти зиёди кӯдакон ин муҳоҷиратро барои кӯчидагон фоҷиабор гардонд ва бахши зиёди онҳо тадриҷан ба зодгоҳи худ баргаштанд, ҳарчанд на ҳама; як ҷамоаи язғуломизабон то имрӯз дар водии Вахш боқӣ мондааст.<ref name="ref592">[https://iling-ran.ru/web/ru/scipop/blog/1911_edelman Из полевых записей середины прошлого века. Об экспедициях в язгулямский язык в 1950-х гг.] (рус.) // Сомонаи Пажӯҳишгоҳи забоншиносии Академияи илмҳои Русия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="ref602">[http://field-ling.moscow/c/language/yazghulami/ Язгулямский язык] (рус.) // Экспедиции Московской школы полевой лингвистики. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="ref612">Астрономические знания язгулемцев (рус.) // Восток (Oriens). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Осори таърихӣ ==
Дар қаламрави Ванҷ мавзеъ, осор ва ёдгориҳои таърихии бисёр вуҷуд доранд, вале то ҳол таҳқиқоти шоистае дар ин росто анҷом наёфтааст. Тибқи омори соҳаи сайёҳии ВМКБ, дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ ба ҳолати соли 2024 15 ёдгории таърихию фарҳангӣ ба қайд гирифта шудааст.<ref name="ref622">[https://ctd.tj/2024/03/30/%D1%85%D0%B0%D0%B1%D0%B0%D1%80-%D0%B0%D0%B7-%D2%B7%D0%B0%D2%B3%D0%BE%D0%BD-%D0%B0%D0%B7-%D1%82%D0%B0%D0%B1%D0%B8%D0%B0%D1%82-%D0%B1%D0%B0-%D1%81%D0%B0%D0%BD%D1%8A%D0%B0%D1%82%D0%B8-%D0%B8%D0%BD/ Аз табиат ба санъати инсонӣ: 7 муъҷизаи нави ҷаҳонӣ номида шуд] // Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30 марти 2024. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Барои дарки мантиқи ҷойгиршавӣ ва моҳияти ин осор, бояд заминаи таърихию сиёсии ташаккули онҳоро дарк намуд. Бино бар маълумоти таърихномаҳои асримиёнагӣ, дар садаҳои VII-VIII қаламрави кунунии Ванҷ ҷузъи вилояти таърихии Кумед буд, ки болооби дарёи Вахшро фаро гирифта, сарзамини имрӯзаи ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ва шимоли Бадахшонро дар бар мегирифт.<ref name="ref632">[[Таърихи Тоҷикистон]] // Википедиа. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Баъдтар, дар асрҳои миёна, Ванҷу Дарвоз як сарзамини воҳидро ташкил дода, бо номи ''«Курон»'' ёд мешуданд, ки маркази он деҳаи кунунии Кеврон будааст.<ref name="ref642">Таърихи шаҳр // Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Маҳз дар ин заминаи қадимии сиёсӣ, ки бо мустақилияти нисбии маҳаллӣ ва хатари доимии ҳуҷумҳои беруна тавсиф мешуд, эҳтиёҷ ба бунёди қалъаҳои мустаҳкам ба миён омад.
Пеш аз тавсифи муфассали Мушкетов, қадимтарин шаҳодати мустанади русиро дар бораи ин қалъа низ капитан Кузнецов дар гузориши соли 1892-и худ сабт кардааст. Ӯ зимни тавсифи амлокдории Ванҷ чунин навиштааст:
''«Ванчское амилякдарство расположено по р. Ванчъ и частью по правому берегу р. Пянджъ. Мѣстопребываніе амилякдара кишлакъ Кала-и-Рохарвъ (на нашихъ картахъ Кала-и-Ванчъ); имѣется небольшая крѣпостца.»''
Тарҷума: ''«Амлокдории Ванҷ дар канори дарёи Ванҷ ва қисман дар соҳили рости дарёи Панҷ ҷойгир аст. Маҳалли иқомати амлокдор рустои Қалъаи Рохарв аст (дар харитаҳои мо — Қалъаи Ванҷ); дар он қалъачаи хурде мавҷуд аст»''.<ref name="ref652">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 79.</ref>
Ин иттилои Кузнецов, ки бисту се сол пеш аз тавсифи муфассали Мушкетов сабт шудааст, собит месозад, ки номи ''«Қалъаи Ванҷ»'' барои Рохарв аллакай дар харитаҳои расмии охири асри XIX ба кор мерафт ва Рохарв аз ҳамон замон ҳамчун маркази маъмурии амлокдории Ванҷ шинохта мешуд.
Қалъаи Ванҷ дар баландии соҳили рости Ванҷоб, дар масофаи 15 км аз резишгоҳи он ба дарёи Панҷ воқеъ гашта буд. Мавқеъияти ин қалъа аз нигоҳи ҳарбию стратегӣ бисёр созгор будааст ва ба муҳофизонаш имкон медодааст, ки муддати тӯлонӣ аз худ дифоъ кунанд. Тавсифи илмии Рохарв ва қалъаи онро ҳанӯз соли 1916 узви Ҷамъияти ҷуғрофии Русия Д. И. Мушкетов интишор додааст.<ref name="ref510" /> Дар мақолаи худ, ки натиҷаи боздиди шахсии ӯст, Мушкетов мавқеи стратегии Рохарвро чунин тавсиф кардааст:
''«Административнымъ центромъ Ванча всегда былъ и есть базарный кишлакъ Рохаръ (или Рохарвъ) въ 40 дворовъ, расположенный на правомъ берегу рѣки, въ двадцати верстахъ выше ея устья, на высотѣ 5.950 футъ, у моста, ведущаго къ перевалу Гушхонъ, запирая собой, слѣдовательно, единственный конный путь на Язгулемъ, Рошанъ и Памиръ. Это важное стратегическое положеніе и было использовано древними '<nowiki/>'''правителями Ванча – «Шо», воздвигнувшими здѣсь крѣпость (Кала-и-Ванчъ) и избравшими ее для своей резиденціи.»'''''
Тарҷума: ''«Маркази маъмурии Ванҷ ҳамеша рустои бозории Рохар (ё Рохарв) буд ва то ҳол ҳамин аст – бо 40 хонавода, дар соҳили рости дарё, дар бисту версти болотар аз резишгоҳи он, дар баландии 5950 қадам, назди пуле, ки ба ағбаи Гушхон мебарад, ва бо ин васила ягона роҳи аспсаворро ба Язғулом, Рӯшон ва Помир мебандад. Маҳз ҳамин мавқеи муҳими стратегӣ буд, ки ҳокимони қадимии Ванҷ – «Шоҳ»-ҳо – истифода бурда, дар ин ҷо қалъа (Қалъаи Ванҷ) бино карданд ва онро барои худ қароргоҳ интихоб намуданд»''.<ref name="ref662">Мушкетов Д. И. Рохаръ (Кала-и-Ванчъ). — Петроградъ: Типографія М. М. Стасюлевича, 1916. — (Отдѣльный оттискъ изъ тома LII (1916 г.) Извѣстій Императорскаго Русскаго Географическаго Общества № 876). — С. 7.</ref> Мушкетов инчунин интихоби маҳалли қалъаро аз нигоҳи амниятӣ шарҳ додааст:
''«Мѣсто выбрано весьма хорошо и удобно, на возвышеніи, съ котораго открытый видъ во всѣ стороны, и долина Ванча, какъ на ладони; рѣка отъ стѣнъ крѣпости въ 3 қулочяхъ, но для обезпеченности водоснабженія имѣлся къ ней подземный ходъ; невдалекѣ, на луговинѣ у рѣки, имѣется прудикъ, наполняемый ключемъ теплой, солоноватой воды, предоставляющій идеальное купанье.»''
Тарҷума: ''«Ҷой хеле хуб ва мувофиқ интихоб шудааст, дар баландие, ки аз он манзараи кушода ҳар тараф дида мешавад ва тамоми водии Ванҷ мисли кафи даст намоён аст; дарё аз деворҳои қалъа дар масофаи 3 қулочӣ ҷой дорад, вале барои таъмини бехатари обтаъминкунӣ роҳи зеризаминӣ ба он вуҷуд дошт; дар наздикӣ, дар марғзори лаби дарё, ҳавзчае ҳаст, ки аз чашмаи оби гарму намакини он пур мешавад ва барои шиноварии беҳамто мувофиқ аст»''.<ref name="ref662" /> Дар бораи сохти худи қалъа Мушкетов навиштааст:
''«Постройка, конечно, глинобитная, но довольно массивная, со стѣнами до 4 қулочей высотой, обнесенными съ трехъ сторонъ рвомъ, съ бойницами и пятью угловыми башнями. Внутреннія перегородки частью деревянныя, равно какъ и колонны, балки и двери, тонкой, старинной рѣзной работы.»''
Тарҷума: ''«Бино, албатта, гилину похсагин, валекин бисёр мустаҳкаму матин аст, бо деворҳои баланди чаҳорқулоча, ки аз се сӯйи он, хандақе бар гирди он кандаанд, бо тиркашҳову бурҷҳои панҷгонаи кунҷӣ. Деворҳои миёнгини дохилӣ, қисман, чӯбинанд, ҳамчунин, сутунҳову болорҳову дарҳои он, ки бо кандакории нафису куҳан оростаанд»''.<ref name="ref662" />
Мушкетов санаи боздиди худ ва оғози кашидани нақшаи қалъаро низ қайд кардааст: ''«Многое уже разрушено (мое посѣщеніе относится къ 11 іюля 1905 г.), но общее расположеніе еще сохранилось и я, пользуясь обстоятельными поясненіями почтеннаго шейха-токсабы Ванча, снялъ планъ всей крѣпости»'' (тарҷума: ''«Бисёр чиз аллакай хароб шудааст (боздиди ман ба 11 июли соли 1905 рост меояд), вале тартиби умумӣ то ҳол нигоҳ дошта шудааст ва ман, бо истифода аз тавзеҳоти муфассали шайх-тӯксабои эҳтиромноки Ванҷ, нақшаи тамоми қалъаро кашидам»'').<ref name="ref662" />
Нақшаи қалъа, ки Мушкетов кашидааст, 27 ҳуҷраву қисми қалъаро бо рақам нишон медиҳад, ки шарҳи онҳо чунин аст:<ref name="ref662" />
Ур - обдорхона
Дарвозахона – ҳуҷраи нигаҳбонону дарбонон
Ҳуҷраи навкарҳо
Бадарравхона – ҳоҷатхона
Долон – ҳавлии аспҳо
Ахтахона – оғилхона, ва болои он анборхонаи алаф
Пештоқ – гузаргоҳи пӯшида
Фаррошхона – ҳуҷраи сайисон
Пештоқи дуюм (баландии 3 қулоч)
Гулгунхона – ҳуҷраи пазириши меҳмонон
Ҳуҷраи худи шоҳ
Қӯрғон – сарбозхона (харобшуда)
Ғуломгардиш – долони мамониаткунандаи дидани занони дар боғ гардандагӣ
Ошхона – ошхона
Роҳрав – долон
Ғуломгард – гузаргоҳ ба қисми занона
Хазина – ҳуҷраи хазинадорӣ
Ҳаммом – ҳаммом
Пештоқи занона
Ҳуҷраи зани шоҳ – тобистона
Ҳуҷраи зани шоҳ – зимистона
Тӯпхона – манора
Рӯйи ҳавлӣ – ҳавлии пӯшида
Ҳарам (харобшуда)
Анборхона (болои ҳуҷраи 16)
Манора – ҳоло ҳуҷраи меҳмонон – меҳмонхона
Оғози роҳи зеризаминӣ ба сӯи дарё
Дар масофаи як версти болотари Рохар, дар канори роҳ, Мушкетов ду гӯри қадимиро низ ба қайд гирифтааст: ''«Въ верстѣ выше Рохара по долинѣ, около дороги, двѣ древнихъ гробницы съ фигурными стѣнами, имѣющими какое-то отношеніе къ крѣпости; интересно, что на могильномъ шестѣ, помимо обычныхъ куска матеріи и конскаго хвоста (на боковой перекладинѣ), сверху помѣщены изображенія сложенной руки (ладони) и голубя»'' (тарҷума: ''«Дар як версти болотар аз Рохар, дар паҳлӯи роҳ, ду гӯри қадимӣ бо деворҳои нақшдор ҳастанд, ки бо қалъа алоқаи муайяне доранд; ҷолиб ин аст, ки бар болои чӯби қабр, ба ғайр аз пораи матоъ ва думи асп (дар чӯби паҳлӯӣ)-и маъмулӣ, тасвири дасти гирдкардашуда (кафи даст) ва кабутар низ гузошта шудааст»'').<ref name="ref662" />
Ба ғайр аз ин, Мушкетов дар поварақи худ ёдовар шудааст, ки ягона роҳи воридшавӣ ба водӣ аз тарафи Панҷ низ бо қалъаи хурди дигаре мустаҳкам карда шуда буд: ''«Этотъ единственный выходъ кромѣ того очень искусно былъ загражденъ небольшой крѣпостцей, остатки которой еще видны на изолированномъ холмѣ въ устьѣ Ванча»'' (тарҷума: ''«Ин ягона баромадгоҳ аст, илова бар ин, хеле моҳирона бо қалъачаи хурде масдуд шуда буд, ки бақоёи он то ҳанӯз дар теппаи ҷудоуфтодаи резишгоҳи Ванҷ ҳувайдоанд»'').<ref name="ref672">Мушкетов Д. И. Рохаръ (Кала-и-Ванчъ). — Петроградъ, 1916. — Тавзеҳот, №4.</ref>
Тибқи мушоҳидаи ӯ, қалъа бевосита дар масири корвонрав ба сӯи ағбаи Гишхун қарор дошт, ки тавассути он роҳи корвонӣ ба водии Язғулом ва аз он ҷо ба самти баландкӯҳҳои Помир мерасид.<ref name="ref682">[https://poxod.ru/guidebook/darvaz/p_darvaz_dolinarekivagdm_a.html Долина реки Ванч] // Свободный туризм (poxod.ru). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Пеш аз он ки Мушкетов худ соли 1905 аз қалъа боздид кунад, тавсифи мухтасартаре аз он – тахминан 13 сол пештар – аллакай ба қалами А. А. Семёнов тааллуқ дошт, ки соли 1898 шахсан аз қалъа дидан кардааст:
''«Въ низовьи р. Ванджа лежитъ самый значительный кишлакъ долины, Кал'аи-Ванджъ, или Кал'аи-Рохарвъ (крѣпость Ванджа, крѣпость Рохарвъ). Укрѣпленіе въ немъ до сихъ поръ на обрывистомъ берегу довольно хорошо сохранилось. Стѣны крѣпости–мѣстами глинобитныя, мѣстами сложены изъ кирпичей и камней. По бокамъ лицевой стороны крѣпости–двѣ полуразрушенныхъ зубчатыхъ башни.»''
Тарҷума: ''«Дар поёноби рӯди Ванҷ бузургтарин рустои водӣ ҷойгир аст – Қалъаи Ванҷ, ё Қалъаи Рохарв (қалъаи Ванҷ, қалъаи Рохарв). Истеҳкоми он то ба имрӯз дар соҳили баланди дарё нисбатан хуб нигоҳ дошта шудааст. Деворҳои қалъа ҷо-ҷо аз гил, ҷо-ҷо аз хишти пухтаву санг сохта шудаанд. Аз ду тарафи рӯи қалъа ду манораи нимвайрони дандонадор қарор доранд»''.<ref name="ref692">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. — М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. — С. 8.</ref> Муҳимтар аз ҳама, Семёнов санаи тахминии бунёди қалъа ва номи бинокори онро сабт кардааст – маълумоте, ки то кунун дар ягон манбаи дигари дастраси мақола наомадааст:
''«Крѣпость, по преданію, была построена лѣтъ двѣсти тому назадъ дарвазскимъ ханомъ, Азиз-Ханомъ, и, вѣроятно, не разъ служила хорошую службу ея защитникамъ во времена независимаго Дарваза. Теперь въ ней живетъ амлякдаръ (начальникъ округа) долины Вандж.»''
Тарҷума: ''«Қалъа, тибқи ривоят, тахминан дусад сол пеш аз ҷониби хони дарвозӣ – Азиз-Хон – бино ёфтааст ва эҳтимол, борҳо ба муҳофизони худ дар давраи истиқлолияти Дарвоз хидмати шоиста кардааст. Ҳоло дар он амлокдор (сарвари ноҳия, яъне шоҳ)-и водии Ванҷ зиндагӣ мекунад»''.<ref name="ref702">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. — М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. — С. 8–9.</ref> Азбаски китоб соли 1903 нашр шуда ва мушоҳидаи муаллиф соли 1898 сурат гирифтааст, ин ривоят санаи бунёди қалъаро тахминан ба солҳои 1698-1700 рабт медиҳад.
Ин ривояти Семёнов дар бораи Азизхон, ки то ҳол дар баъзе сарчашмаҳо такрор мешавад, аз нигоҳи муосир асоси устувори таърихӣ надорад: дар рӯйхати мукаммали шоҳони Дарвоз, ки намояндаи расмии идораи Русия дар Туркистон Г. А. Арандаренко дар мақолаи худ ''«Дарваз и Каратегин»'' (1883) овардааст, ягон шоҳе бо номи Азизхон сабт нашудааст.<ref name="ref207">Арандаренко Г. А. Дарваз и Каратегин // Военный сборник. — 1883. — № 11–12.</ref> Тибқи ин рӯйхат, силсилаи шоҳони Дарвоз аз Шоғариб (то соли 1637) оғоз гардида, тавассути Шоқирғиз (1637–1668), Маҳмудшо (1668–1729), Танаи Фӯзашо (1729–1734), Муҳаммадхоншо (1734–1762), Мизробшои аввал (1762–1778), Шоидарвози I (1787–1788), Мансурхон (1788–1797), Шотурк (1797–1803), Мизробшои сонӣ (1803–1806), Султони Кучак (1806–1815), Шоиброимхон (1815–1828), Султон Маҳмудшо (1829–1838), Шоаҳмад (1839–1842), Исмоилшо (1842–1859), Иброҳимшо (1861–1863) ва Шоидарвози II (1863–1868) то Сироҷуддиншо (1868–1878) идома ёфтааст.<ref name="ref207" />
Бар асоси таҳқиқоти муосир, эҳтимоли бештар меравад, ки Қалъаи Ванҷ на дар аҳди хони номаълуми ривоятӣ, балки дар аҳди Шайбонихониён бунёд гардидааст. Шоқирғиз, ки аз соли 1637 то 1668 ҳукмронӣ кардааст, фарзанди Абдуллоҳхони II-и Шайбонӣ буда, баъди забти Бадахшон дар соли 1584, волии Дарвоз гардида, Қалъаи Хумбро пойтахти худ қарор дода буд;<ref name="ref207" /> тибқи ин назария, эҳтимол дорад, ки Қалъаи Ванҷ низ ҳамчун истеҳкоми мудофиавӣ маҳз дар ҳамин давра сохта шуда бошад.
Дар давраи баъдина, вақте ки минтақа таҳти назорати Аморати Бухоро қарор гирифт, Қалъаи Ванҷ нақши муҳими низомии худро идома дод. Тибқи китоби сайёҳи бритониёӣ Ангус Гамильтон ''«Афғонистон»'' (1908), дар охири асри XIX ва аввали асри XX дар қалъа 300 навкари артиши миллии амири Бухоро ҷойгир карда шуда буданд:
''«В крепости Ванч было раньше расположено 300 человек из национальной армия эмира бухарского; из такого же отряда состоял гарнизон Каляи-Вамар, а в Каляи-Хум стоял целый бухарский полк.»''
Тарҷума: ''«Дар қалъаи Ванҷ пештар 300 нафар аз артиши миллии амири бухороӣ ҷойгир буда, гарнизони Қалъаи Вамар низ аз чунин дастаи мисли ҳамин иборат буд, дар Қалъаи Хум бошад, як полки бутуни бухороӣ истода буд»''.<ref name="ref208">Гамильтон А. Афганистан / пер. С. П. Голубинова. — СПб., 1908.</ref>
Семёнов инчунин ду навиштаи девории қалъаро айнан нусхабардорӣ кардааст: як байти форсӣ дар бораи гардиши бераҳмонаи рӯзгор, ва як ёдгории русии сайёҳони соли 1896 – ''«Прибылъ разъѣздъ 25 числа августа за старшаго общивкй Яковъ. Черновъ. и джигить Николай Каплун и перевочикъ Ашурбай. 1896 года»'' (тарҷума: ''«Гурӯҳи саворагон 25 августи соли 1896 омаданд: сардор Яков Чернов, ҷигит Николай Каплун ва тарҷумон Ашурбой»'').<ref name="ref702" />
Гумон меравад, ки дар тамоми ҳавзаҳои Бадахшон сукунати одамон ба як давраи таърихӣ мансуб будааст. Ёдгориҳои манзилӣ ва меъмориву мудофеавии асримиёнагии ғарби Бадахшон, ки дар деҳаи Баравни ҷамоати деҳоти Водхуд воқеанд ва аз ҷиҳати амнияти ҳарбӣ бисёр муносибу побарҷоянд, бо камоли таассуф, то кунун таҳқиқи шоиста нашудаанд.
Нақшу нигораҳои рӯйи харсангҳои водии Язғулом, ки дар деҳаҳои Жамаг, Андарбоғ ва Мотравн ба даст омадаанд, агарчи ҳанӯз комилан омӯхта нашудаанд, гувоҳи муътамаде аз ҳузури мардум ва сукунати онон аз замонҳои бостонӣ дар ин минтақа ҳастанд. Дар байни ин сангнигораҳо, ки ба навъи умумии петроглифҳои Помиру Бадахшон шабоҳат доранд, тасвири нахчир (бузи кӯҳӣ бо шохҳои калон), саҳнаҳои шикор бо камон, рамзҳои офтобӣ ва изи дасту пойи инсон бештар вомехӯранд; дар мифологияи мардумони эронитабор бузи кӯҳӣ рамзи покиву ҳосилхезӣ ва иртибот бо олами боло дониста мешавад.<ref name="ref622" />
Дар қаламрави Ванҷ, ба монанди дигар минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон, сағонаҳо ва дахмаҳои сангии куҳан низ аз насл ба насл боқӣ мондаанд, ки далели ошкори таърихи чандҳазорсолаи ин сарзамин мебошанд. Чунин иншооти дафнӣ, ки дар ҷойҳои махсуси сангӣ, дар баландиҳо ё ғорҳо бунёд меёфтанд, эҳтимолан боқимондаи анъанаҳои дафнии пешазисломӣ мебошанд; тибқи баъзе оинҳои қадими маҳаллӣ (аз ҷумла эътиқодоти наздик ба дини зардуштӣ), ҷасади фавтида набояд бо унсурҳои муқаддаси табиат – хок, об ё оташ – тамос мегирифт.<ref name="ref622" /> Ҳарчанд имрӯз тамоми аҳолии ноҳия мусулмони суннии ҳанафимазҳабанд ва расму оини дафни исломиро ба таври қатъӣ риоя мекунанд, мавҷудияти ин сағонаву дахмаҳо аз як давраи гузариши тӯлонии фарҳангӣ ва қабатҳои гуногуни динию эътиқодӣ дар минтақа хабар медиҳад.
Ёдгориҳои бостонии Помири Ғарбӣ, аз ҷумла мавзеъҳои қаламрави Ванҷ, дар силсилаи бунёдии ''«Харитаи бостоншиносии Тоҷикистон»'' – муҷаллади марбут ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки бостоншинос М. А. Бубнова таълиф намудааст ва ёдгориҳои давраи сангро то садаи XX фаро мегирад, – ба қайд гирифта шудаанд.<ref name="ref712">Бубнова М. А. Горно-Бадахшанская автономная область. Западный Памир (памятники каменного века — XX в.). — Душанбе, 2008. — (Археологическая карта Таджикистана).</ref>
Илова бар ёдгориҳои меъморӣ ва дафнӣ, мероси беназири саноатии Ванҷ – боқимондаҳои кӯраҳои қадимии оҳангудозӣ (домнитсаҳо) – низ бахши муҳими осори таърихии ноҳия ба шумор мераванд. Тибқи маълумоти иқтисоддон И. Е. Ходоров, ки соли 1929 таҳлилҳои М. С. Андреевро дар бораи ин ҳунар тасдиқ ва иқтибос овардааст, дар боварҳои мардумии ванҷиён металли ҳосили ин кӯраҳо на танҳо арзиши истеҳсолӣ, балки хосияти шифобахш низ дошт: маҳсули онро ''«барои табобати ҳар гуна бемориҳо пешбинӣ карда, ба ҷойи дардманд мегузоштанд»''.<ref name="ref532" /> Ин боварҳо нишон медиҳанд, ки осори саноатии Ванҷ бо мероси ғайримоддӣ ва эътиқодоти мардумӣ пайванди зич доштааст, ва имрӯз боқимондаҳои ин кӯраҳо, харобаҳои коргоҳҳо ва партовҳои маъданӣ (шлакҳо) дар дараҳои Ванҷ метавонанд ҳамчун мавзеи нодири ''«бостоншиносии саноатӣ»'' мавриди пажӯҳиши минбаъда қарор гиранд.
Сарчашмаи аввалини сабти илмии ин ҳунар – 23 сол пеш аз рисолаи Андреев (1926) – низ ба Семёнов тааллуқ дорад:
''«Богатыя залежи желѣзной руды въ верховьяхъ р. Ванджа даютъ горцамъ Ванджской долины неисчерпаемый матеріалъ для различнаго рода желѣзныхъ издѣлій, которыя удовлетворяютъ самымъ разнообразнымъ требованіямъ домашняго обихода горныхъ таджиковъ и потому расходятся изъ этой огромной кузницы, какова долина Ванджа, по всему Дарвазу, Каратегину и Язгуляну, проникая даже въ отдаленные и трудно достижимые уголки Рошана, Шугнана и Вахана.»''
Тарҷума: ''«Захираҳои фаровони маъдани оҳан дар болооби рӯди Ванҷ ба кӯҳистониёни водии Ванҷ маводи беохири намудҳои гуногуни маснуъоти оҳанӣ медиҳанд, ки эҳтиёҷоти гуногуни рӯзгори тоҷикони кӯҳӣ қонеъ мегардонанд ва аз ин кӯрахонаи азим, яъне водии Ванҷ, ба тамоми Дарвозу Қаротегину Язғулом паҳн мешаванд, ҳатто ба гӯшаҳои дурдасту дастнораси Рӯшону Шуғнону Вахон низ ворид мегарданд»''.<ref name="ref722">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. — М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. — С. 62.</ref>
Семёнов инчунин номи мушаххаси деҳаеро сабт кардааст, ки дар он раванди коркарди оҳанро шахсан мушоҳида намудааст: ''«Самый способъ добыванія желѣза намъ пришлось наблюдать во кишлакѣ Сытаргъ, на Ванджѣ»'' (тарҷума: ''«Худи усули истихроҷи оҳанро мо тавонистем дар рустои Старғ, дар Ванҷ, мушоҳида кунем»'').<ref name="ref722" /> Ӯ ҳамчунин тавсифи мубодилаи тиҷоратии маснуоти оҳании Ванҷро бо минтақаҳои ҳамсоя овардааст: ''«Эти издѣлія находять большой сбыть на рынкахъ Кал'аи-Хума и въ сосѣднихъ долинахъ: Язгуляна и Оби-Хингоу, причемъ продажа на деньги совершается очень рѣдко; обыкновенно вещи мѣняются на тѣ, которыя необходимы таджикамъ Ванджа»'' (тарҷума: ''«Ин маснуъот дар бозорҳои Қалъаи Хум ва водиҳои ҳамсоя – Язғулому Оби Хингов – фурӯши хубе меёбанд, вале фурӯш ба пул хеле кам сурат мегирад; одатан молҳо ба он чизҳое иваз мешаванд, ки барои тоҷикони Ванҷ зарур аст»'').<ref name="ref732">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. — М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. — С. 64.</ref>
=== Кофарсилохи Ғҷовас ===
Дар қаламрави ноҳия, дар мавзеи Ғҷовас, маҳалли бостонии Кофарсилох ҷой дорад, ки аҳамияти таърихию бостоншиносии он то ҳол ба таври илмӣ омӯхта нашудааст.<ref name="ref216">"КОФАРСИЛОХИ ҒҶОВАС" (маводи таърихӣ-фарҳангӣ, аз Анҷумани Ванҷ).</ref> Тибқи ривояти сокинони маҳаллӣ, чунин маконҳо, ки бо номи умумии ''«Кофарсилох»'' маъруфанд, дар чандин мавзеи дигари Ванҷ низ ба назар мерасанд, вале бар асари селу тармарезиҳои даврӣ қисми зиёди онҳо пӯшида ва ноаён гардидаанд.<ref name="ref216" /> Худи истилоҳи ''«Кофарсилох»'' шаҳодат медиҳад, ки маҳаллан ин макон бо давраи пеш аз ислом – эҳтимолан бо пайравони динҳои қадимаи маҳаллӣ – алоқаманд дониста мешавад. Сокинони маҳаллӣ таъкид мекунанд, ки ин мавзеъ то ҳол мавриди ҳафриёти бостоншиносӣ қарор нагирифтааст ва бо ин сабаб моҳияти дақиқи таърихии он номаълум боқӣ мемонад.<ref name="ref216" />
=== Сағунаи Рави Тор ===
Дигар мавзеи таърихии қаламрави Ванҷ Сағунаи Рави Тор аст, ки дар он харобаҳои деворҳои деҳаи аз байн рафтае боқӣ мондаанд.<ref name="ref217">"САҒУНАИ РАВИ ТОР" (маводи таърихӣ, аз Анҷумани Ванҷ).</ref> Тибқи иттилои сокинони маҳаллӣ, харобаҳои Рави Тор то солҳои наздик вуҷуд доштанд, вале маълумоти дақиқ дар бораи он ки аҳолии ин деҳа кай дар он ҷо зиндагӣ мекарданд ва кай онро тарк намуданд, то кунун ба таври мустанад муайян нашудааст.<ref name="ref217" /> Мавҷудияти харобаҳои сангину гилини хонаву девор дар ин мавзеъ гувоҳи он аст, ки дар гузашта дар ин минтақа фарҳанги нисбатан баланди меъморӣ вуҷуд дошта, сокинон бо истифода аз масолеҳи маҳаллӣ – санг ва гил – иншооти устувор бунёд мекарданд. Маводи шифоҳие, ки тавассути сокинони пиронсоли маҳал аз насл ба насл нақл мешавад, то ҳол ягона сарчашмаи маълумот дар бораи ин мавзеи таърихӣ боқӣ мемонад.<ref name="ref217" />
== Мардум ==
Аксарияти аҳолии ноҳия тоҷиконанд; инчунин теъдоди ангуштшумори русҳо ва намояндагони халқҳои дигар низ зиндагӣ мекунанд. Аҳолии ноҳия аз рӯи диёнат мусулмони суннии ҳанафимазҳабанд.<ref name="ref1100" />
Мардумшиноси рус Л. Ф. Моногарова дар пажӯҳиши бунёдии худ доир ба таркиби қавмии ВМКБ, дар бораи гузаштаи қавмии ванҷиён чунин навиштааст:
''«В прошлом из припамирских народностей наиболее тесно соприкасались с горными таджиками ванчцы (правильнее ванджи), коренное население долины р. Ванч (Вандж), входившей в Бухарский эмират. Духовенство эмирата проводило насильственное обращение в суннизм всех, исповедовавших другую религию. Под влиянием суннитской идеологии у ванчцев изменились общественные и семейные взаимоотношения, моральные нормы, бытовой уклад в целом. Постепенное экономическое и культурное сближение ванчцев с таджиками привело к утрате ванчцами своего родного языка, замене его таджикским (ванчским или ванджским говором таджикского языка), а в конечном итоге к слиянию ванчцев с таджиками. Население остальных районов республики считает ванчцев таджиками. «Судя по некоторым признакам, „ванджский язык“, входя в северную подгруппу памирских языков, наиболее тесно примыкал к язгулемскому языку» [32, 131].»''
Тарҷума: ''«Дар гузашта, аз миёни халқиятҳои помирӣ, ванҷиён (дурусттараш — ванҷӣ), аҳолии бумии водии дарёи Ванҷ (Вандж), ки ҷузъи аморати Бухоро буд, бештар аз ҳама бо тоҷикони кӯҳистонӣ дар тамос буданд. Рӯҳониёни аморат нисбат ба ҳамаи пайравони дигар эътиқодҳо табдили ҷабрии мазҳаби суннӣ мегузарониданд. Таҳти таъсири мазҳаби суннӣ дар байни ванҷиён муносибатҳои ҷамъиятиву оилавӣ, меъёрҳои ахлоқӣ ва тарзи зиндагӣ дар маҷмуъ тағйир ёфтанд. Наздикшавии тадриҷии иқтисодиву фарҳангии ванҷиён бо тоҷикон боиси аз даст рафтани забони модарии ванҷиён гардид: он бо забони тоҷикӣ (гӯиши ванҷии забони тоҷикӣ) иваз шуд ва дар ниҳоят ба омезиши ванҷиён бо тоҷикон анҷомид. Аҳолии дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ ванҷиёнро тоҷик мешуморанд. «Бино бар баъзе аломатҳо, „забони ванҷӣ“, ки ба зершохаи шимолии забонҳои помирӣ дохил мешуд, аз ҳама наздиктар ба забони язғуломӣ буд» [32, 131].»''.<ref name="ref742">Моногарова Л. Ф. Этнический состав и этнические процессы в Горно-Бадахшанской автономной области Таджикской ССР // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 185–186.</ref>
Дар бораи мазорҳои муқаддаси эҳтиромшавандаи Ванҷ дар охири асри XIX, капитан Кузнецов чунин сабт кардааст:
''«Населеніе Дарвоза не отличается особой набожностью и имѣетъ весьма малое число молитвенныхъ домовъ–мечетей, по за то въ Дарвозѣ есть нѣсколько могилъ святыхъ, весьма почитаемыхъ жителями. Наибольшимъ почитаніемъ отличаются могилы: Хазретъ-и-Бурхъ на р. оби-Мазаръ, Пой-Мазаръ-Хазретъ-Садыръ-Сеибъ въ верховьяхъ р. Ванчъ и Ходжа-и-Миратбашъ-Султанъ-Сеидъ на сѣверномъ склонѣ Дарвозскихъ горъ, противъ кишлака Кальпъ.»''
Тарҷума: ''«Аҳолии Дарвоз бо диндории хосае фарқ намекунад ва шумораи хонаҳои ибодат — масҷидҳо — дар он хеле кам аст, вале дар ивазаш, дар Дарвоз якчанд мазори авлиё ҳаст, ки сокинон онҳоро сахт эҳтиром мекунанд. Бештарин эҳтиромро мазорҳои зерин доранд: Ҳазрати Бурх дар канори дарёи оби-Мазор, дар Пойи Мазор - ҳазрати Садр-соҳиб дар болооби дарёи Ванҷ ва Хоҷаи Муродбошӣ Султонсаъид дар нишеби шимолии кӯҳҳои Дарвоз, рӯ ба рӯи рустои Калп»''.<ref name="ref752">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 65.</ref>
Бар асоси омори саршумории саросарии [[Иттиҳоди Шӯравӣ]] аз соли 1939, аҳолии Ванҷ 9218 нафар буд: 9031 нафарашон ванҷиёни бумӣ, 134 нафар – рус, 6 нафар – тотор, 5 нафар – узбак ва 1 нафар – қазоқ.<ref name="ref762">Всесоюзная перепись населения 1939 года. Национальный состав населения районов, городов и крупных сёл союзных республик СССР: Ванчский район (рус.) // Демоскоп Weekly. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Бино ба омори соли 1979 аҳолии Ванҷ 15 855 нафар ва тибқи омори 1992 – 22 700 нафарро ташкил медод. Тибқи маълумоти расмӣ, соли 2009 дар ноҳия 30 700 нафар зиндагӣ мекард ва тамоми аҳолии он деҳотист.<ref name="ref310" /> Тибқи омори соли 2024 аҳолии Ванҷ ба 35 400 нафар расид. Бар асоси муқоисаи ин ду омор метавон чунин натиҷагирӣ кард, ки тайи 85 сол суръати миёнаи афзоиши солонаи аҳолии Ванҷ тақрибан 1,6 % будааст. Мардуми водии Язғулом ҳиссаи назарраси аҳолии ноҳияро ташкил медиҳанд.
Азбаски беш аз 90 дарсади масоҳати умумии ноҳия (4430,5 км²)-ро лозурҳо, қуллаҳои баландкӯҳ ва нишебиҳои санглохи корношоям фаро мегиранд, зичии расмии аҳолӣ (тақрибан 7,7-8 нафар дар як километри мураббаъ) манзараи воқеии ҷойгиршавии аҳолиро пурра инъикос намекунад – амалан тамоми сокинон дар як рахи танги қад-қади дарёҳои Ванҷобу Язғулом мутамарказ шудаанд.<ref name="ref310" /> Ин номутаносибии шадид миёни рушди табиии аҳолӣ ва маҳдудияти мутлақи заминҳои корам (соли 2012 ҳамагӣ 1381 гектар, баъдан бо азхудкунии заминҳои нав ба 2601 гектар расида)<ref name="ref310" /> яке аз сабабҳои асосии муҳоҷирати меҳнатии ноҳия маҳсуб мешавад (ниг. бахши ''«Муҳоҷирати меҳнатӣ»'').
{| class="wikitable"
!'''Ҷадвали 3. Динамикаи шумораи аҳолӣ (ҳазор нафар), 1939-2013'''
|-
|'''сол'''
|'''1939'''
|'''1979'''
|'''1992'''
|'''1995'''
|'''2000'''
|'''2002'''
|'''2003'''
|'''2004'''
|'''2005'''
|'''2006'''
|'''2007'''
|'''2008'''
|'''2009'''
|'''2011'''
|'''2012'''
|'''2013'''
|-
|шумора
|9,2
|15,9
|22,7
|28,4<ref name="ref472" />
|28,5<ref name="ref472" />
|28,3<ref name="ref472" />
|29,9<ref name="ref472" />
|30,1<ref name="ref472" />
|28,8<ref name="ref472" />
|30,3<ref name="ref472" />
|33,4<ref name="ref472" />
|29,7<ref name="ref472" />
|30,7<ref name="ref310" />
|30,8
|31,1
|31,3
|}
{| class="wikitable"
!'''Ҷадвали 4. Динамикаи шумораи аҳолӣ (ҳазор нафар), 2014-2024'''
|-
|'''сол'''
|'''2014'''
|'''2015'''
|'''2016'''
|'''2017'''
|'''2018'''
|'''2019'''
|'''2020'''
|'''2021'''
|'''2022'''
|'''2023'''
|'''2024'''
|-
|шумора
|31,7
|31,9
|32,4
|32,9
|33,6<ref name="ref772">Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2019 года. Сообщение Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан (рус.).</ref>
|34,1<ref name="ref772" />
|34,4<ref name="ref782">Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2020 года (рус.) // Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
|34,1
|34,4
|35,1
|35,4
|}
Барои солҳои 1995-2008 омори мазкур (арзиши ''«умумӣ»'', яъне аҳолии доимии сабтшуда) бар асоси таҳлили муфассали демографии Р. Масов ва Ҳ. Пирумшоев дар ''«Файзи истиқлол дар "Боми ҷаҳон"»'' (Душанбе, 2011, саҳ. 362-363) илова карда шуд. Барои солҳои 1992 ва 2009 бошад, бо мақсади нигоҳ доштани пайдарпаии рақамҳои аллакай сабтшуда аз сомонаи расмии badakhshon.tj, арзиши аслии қаблӣ боқӣ монд.
Дар тавсифи хислатҳои зоҳирию ботинии сокинони Ванҷ, аъзои экспедитсияи илмии Академияи илмҳои СССР ба Помир (солҳои 1928-1933) чунин навиштаанд: ''«Тоҷикони муқими Ванҷ як қавми ободнишини дорои фарҳанги куҳан астанд. Онҳо бо пешонии баланд, риши сиёҳи анбӯҳ ва нигоҳи амиқи андешаманд мутамоизанд. Ин наҷобати зоҳирӣ бо сиришти ахлоқи ботинии тоҷикон созгор аст. Онон як ишораи хеле зебо доранд: ҳангоми сипосгузорӣ кардан, дасти худро болои сар мебардоранд.»<ref name="ref206" /> Зикри чунин хислатҳо аз ҷониби муҳаққиқони хориҷӣ гувоҳи он аст, ки мардуми ин диёр, бо вуҷуди зиндагӣ дар минтақаи душворгузари кӯҳистон, тавонистаанд фарҳанги волои маънавии худро, аз ҷумла анъанаи меҳмоннавозии гарму дастархони пурнозу неъмат, парвариш дода нигоҳ доранд.''
=== Фарҳанги моддӣ: либоси анъанавӣ ===
Дар шароити сарди кӯҳистони Ванҷу Бадахшон, дар гузашта истифодаи матоъҳои пашмину чармӣ бартарӣ дошт ва мероси бофандагии маҳаллӣ ба истеҳсоли матоъҳои худӣ бо рангҳои табиии гиёҳии кӯҳӣ асос меёфт.<ref name="ref792">Таҳқиқоти этнолингвистии лексикаи гӯйиши тоҷикони водии Ғорон // Диссертатсия. Санҷида шуд 24 июли 2026.</ref> Либоси занонаи суннатӣ асосан аз курта, эзор, пойафзол, сарбанд ва ороишоти гуногун иборат буд; таърихан ду намуди курта маъмул буд – куртаи якқади камартангу доманвасеъ, ки пиразанон мепӯшиданд, ва куртаҳои камзулчадор бо гиребони буғак (уфуқӣ буридашуда бо зеҳгулу гулдӯзӣ), ки духтарону арӯсон ба бар мекарданд.<ref name="ref802">[[Либоси миллии тоҷикон]] // Википедиа. Санҷида шуд 24 июли 2026.</ref> Дар минтақаи Бадахшон, аз ҷумла Ванҷу Язғулом, унсурҳои хоси либоси кӯҳистонӣ – тоқии мудаввар бо нақшҳои гулдӯзии дақику пӯпак ва ҷӯробҳои ғафси пашмин бо нақшҳои ҳандасии бисёрранг (нақши офтоб, шохи қӯчқор, чалипо ва ғайра) – то имрӯз аҳамияти худро гум накардаанд.<ref name="ref802" />
=== Фарҳанги моддӣ: манзил ва хоҷагии деҳот (тибқи маълумоти асри XIX) ===
Тавсифи қадимтарини хусусиятҳои хоси манзилу хоҷагии Ванҷ ба А. А. Семёнов (1898) тааллуқ дорад. Ӯ анборчаҳои хоси болои сутунро ба қайд гирифтааст: ''«На Ванджѣ и мѣстами по Пянджу встрѣчаются подъ хижинъ еще небольшіе, съ плоскими крышами, амбарчики (амбаръ) для хлѣба и разнаго скарба... они воткнуты надъ землею на четырехъ (подъ углами) камняхъ или столбахъ»'' (тарҷума: ''«Дар Ванҷ ва ҷо-ҷо дар Панҷ, наздики хонаҳо анборчаҳои хурди боми ҳамвор (амбор) барои нону дигар молу ашё вомехӯранд... онҳо болои замин, бар чор санг ё сутуни чоркунҷа гузошта шудаанд»'').<ref name="ref812">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. — М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. — С. 34.</ref>
Дар бораи нақшу нигори деворҳои хонаҳои Ванҷ низ маълумот овардааст: ''«По Сурхобу и Хингобу, Ванджу и Пянджу на стѣнахъ многихъ хижинъ попадаются и орнаменты въ видѣ пятенъ, различныхъ безпорядочныхъ линій или же въ видѣ дѣтски намалеванныхъ фантастическихъ деревьевъ»'' (тарҷума: ''«Дар канори Сурхобу Хингов, Ванҷу Панҷ дар деворҳои бисёр хонаҳо нақшу нигор ба шакли доғ, хатҳои бетартиби гуногун ё дарахтони хаёлии кӯдакона кашидашуда вомехӯранд»'').<ref name="ref822">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. — М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. — С. 36.</ref>
Хонаи тобистонаи хоси Ванҷ (''«чолёб»'') низ дар ин асар қайд шудааст: ''«По Ванджу и отчасти на Пянджу, кромѣ описанныхъ зимнихъ помѣщеній, встрѣчаются еще спеціальныя лѣтнія жилища (чолѣбъ), чего нѣтъ нигдѣ въ прочихъ мѣстахъ»'' (тарҷума: ''«Дар Ванҷ ва қисман дар Панҷ, ба ғайр аз хонаҳои зимистонаи тавсифшуда, боз хонаҳои махсуси тобистона (чолёб) вомехӯранд, ки дар ҷойҳои дигар вуҷуд надоранд»'').<ref name="ref832">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. — М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. — С. 44.</ref>
Ниҳоят, Семёнов камбизоатии заминҳои Ванҷ ва такягоҳи мардум ба дарахти туг (мевадиҳандаи табиъӣ)-ро тавсиф кардааст: ''«Мѣстами, какъ, напримѣръ, на Вахіо, на Ванджѣ и въ Дарвазъ по Пянджу, гдѣ природа бѣдна и преобладаетъ каменистая почва... существованіе населенія находится въ тѣсной зависимости отъ тута»'' (тарҷума: ''«Дар баъзе ҷойҳо, масалан дар Ваҳё, дар Ванҷ ва дар Дарвози канори Панҷ, ки табиат камбизоату хоки санглох бартарӣ дорад... мавҷудияти аҳолӣ ба тут вобастагии зич дорад»'').<ref name="ref842">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. — М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. — С. 56.</ref>
Дар ҳамин китоб, ду намунаи фолклори мардуми Ванҷ низ бори аввал сабт гардидаанд: масали ''«Инсон ва Мор»'' ва ҳикояи ''«Писари вазир»'', ки ҳарду аз забони як шахси мушаххас – Соҳибназар аз деҳаи Техарви болооби Ванҷ – навишта шудаанд: ''«Записано со словъ Сохиб-Назара, изъ кишлака Техарвъ, въ верховьяхъ р. Ванджа въ Дарвазѣ»'' (тарҷума: ''«Аз забони Соҳибназар, аз рустои Техарв, аз болооби рӯди Ванҷ дар Дарвоз, сабт шудааст»'').<ref name="ref852">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. — М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. — С. 99–100.</ref>
=== Расму оинҳои мотамӣ ===
Маросимҳои марбут ба давраҳои муҳими зиндагии инсон, аз ҷумла маросими мотаму дафн, дар Ванҷу Язғулом хусусиятҳои бениҳоят куҳан ва омехта аз эътиқодоти пешазисломию исломӣ (синкретӣ) то ба имрӯз нигоҳ доштаанд; ин расмҳо аз ҷониби мардумшиносони барҷаста, аз ҷумла М. С. Андреев, И. Л. Моногарова ва А. З. Розенфелд, мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд.<ref name="ref862">Расму оин ва анъанаҳо дар рӯзгори мардуми тоҷик мавқеи муҳим доранд // АМИТ «Ховар», сентябри 2017. Санҷида шуд 24 июли 2026.</ref> Дар ҷаҳонбинии мардуми кӯҳистон марг на анҷоми мутлақ, балки гузариш ба дунёи дигар ва оғози сафари нави рӯҳ дониста мешавад. Аз ҷумла, агар марҳум ҷавон бошад, барои гусели ӯ тобути махсусе бо матоъҳои равшану рангоранг (на сиёҳ) омода мекунанд, ки бо номи ''«гаҳвораи ноз»'' маъруф аст – ташбеҳи мустақими марг бо таваллуди дубора дар олами дигар, ки Розенфелд онро расми хеле куҳан ва боқимонда аз тасаввуроти бостонии мардуми ориёӣ арзёбӣ кардааст.<ref name="ref862" />
=== Маросими никоҳ ва қалин ===
Дар байни мардуми Ванҷ, мисли аксари халқиятҳои Осиёи Марказӣ, анъанаи пардохти қалин барои арӯс маъмул буд. Тибқи маводи мардумшинос А. А. Семёнов, ки ба солҳои аввали асри XX тааллуқ дорад, ҳаҷми қалин вобаста ба вазъи иҷтимоиву иқтисодии оила фарқ мекард: марди сарватманд барои писараш ҳамчун қалин барои зан 3 асп, 6 гов, 3 гӯсфанд, 3 милтиқ, 2 шамшер, 3 ҷомаи пахтагин, матои дастбофи ''«карбос»'' барои 12 даст либос ва як батман гандум медод, дар ҳоле ки марди камбағал бояд 2 гов, як гӯсфанд, як милтиқ, 2 шамшер, салла, як пироҳани мардона, як ҷуфти мӯза ва 2 пуд гандум пешниҳод мекард.<ref name="ref212" /> Таносуби қалини сарватманду камбағал тахминан баробари 3:1 буда, ин нишонаи тафовути назарраси иҷтимоӣ дар ҷомеаи анъанавии Ванҷ мебошад; ҳамзамон, мавҷудияти аслиҳа (милтиқ, шамшер) дар таркиби қалин гувоҳи он аст, ки ин ашё дар зиндагии рӯзгори мардуми Ванҷ барои амнияти оила ва ҳифзи молу мулк аҳамияти калон дошт.<ref name="ref212" /> Дар баробари ин, одати пардохти қалин ҳамчун кафолати иҷтимоӣ низ хидмат мекард: дар сурати вайрон шудани ақди никоҳ, ин маблағ метавонист барои таъмини зиндагии минбаъдаи зан истифода шавад.
=== Анъанаҳои ҷамъиятӣ: таъзим ва ёлогӯӣ ===
Дар одатҳои имрӯзаи мардуми Ванҷ, амали таъзими домоду арӯс дар рӯзи тӯй маъмул гардидааст; бо вуҷуди ин, тибқи мушоҳидаи мардумшиносони маҳаллӣ, ин анъана иқтибосӣ буда, бо фарҳанги аслии минтақа комилан созгор нест.<ref name="ref213">"Дар одатои мардми Ванҷ дар рӯзи тӯй" (маводи мардумшиносии шифоҳӣ, аз Анҷумани Ванҷ).</ref> Аз рӯи ривояти пиронсолони маҳал, ҳанӯз 10-20 сол пеш дар тӯйҳои Ванҷ таъзим кардан хеле кам ба назар мерасид ва он тадриҷан ҳамчун ҷузъи «одатҳои ванҷӣ» пазируфта шудааст; тибқи тафаккури суннатии мардуми маҳаллӣ, ки амиқан таҳти таъсири ақидаҳои исломӣ қарор дорад, таъзим танҳо дар пеши Худованд ва ҳангоми намоз ҷоиз шумурда мешавад, дар ҳоле ки таъзим дар назди инсони дигар номуносиб дониста мешавад.<ref name="ref213" />
Яке аз одатҳои фаромӯшшудаи мардуми Ванҷ маросими ''«ёлогӯӣ»'' буд, ки ҳангоми ба анҷом расидани корҳои дастаҷамъонаи умумӣ – мисли ҳашар, даравидани ғалла ё бардоштани девор – баргузор мегардид.<ref name="ref214">"ОДАТИ ЁЛОГӮӢ" (маводи мардумшиносии шифоҳӣ, аз Анҷумани Ванҷ).</ref> Калимаи ''«ёло»'' шакли кӯтоҳшудаи ибораи ''«ё Аллоҳ»'' буда, дар поёни кори дастаҷамъона ҳамчун дуо ва изҳори шукргузорӣ барои анҷоми муваффақиятомези кор ба забон меомад.<ref name="ref214" /> Ин анъана, ки имрӯз аз истеъмол баромадааст, нишони ваҳдати рӯҳонӣ ва ҳамкории иҷтимоии мардуми Ванҷ буда, нақши муҳими тамоюлҳои динӣ ва фарҳанги коллективиро дар зиндагии рӯзгори онон инъикос мекунад.
=== Айлоқравӣ ва расму оинҳои кишоварзӣ ===
Иқтисодиёти суннатии мардуми Ванҷ ба ду унсури ба ҳам вобаста – кишоварзӣ дар водиҳои танги поёнӣ ва чорводорӣ дар чарогоҳҳои баландкӯҳӣ – такя мекунад. Ҳар сол дар аввали тобистон, вақте ки заминҳои поёнӣ барои кишти ғалла, картошка ва сабзавот истифода мешаванд, раванди муҳоҷирати мавсимии подаи чорво ба чарогоҳҳои тобистонаи баландкӯҳ, ки бо номи ''«айлоқ»'' маъруф аст, оғоз мегардад.<ref name="ref862" /> Хусусияти ҷолиби ин кӯчиш дар он аст, ки қариб тамоми аҳли деҳа, бахусус занону кӯдакон, дар як рӯзи муайяншуда дастаҷамъӣ ба айлоқ мераванд, дар ҳоле ки қисме аз мардон дар деҳа мемонанд, то корҳои саҳроӣ ва обёрии заминро анҷом диҳанд.
Дар айлоқҳо занон тамоми тобистон машғули ҷӯшидани шир, тайёр кардани маска, равғани зард, дӯғу мосту тарфу ва қурут мешаванд.<ref name="ref862" />
== Забон ==
Мардуми Ванҷ бо гӯиши ванҷии забони тоҷикӣ сухан мегӯянд. Дар водии Язғулом бошад, яке аз забонҳои помирӣ – забони язғуломӣ роиҷ аст.
Лаҳҷаи ванҷии забони тоҷикӣ дар водии Ванҷ аз нимаи дуюми асри XIX густариш ёфта, забони бумии помириро, ки бо номи ванҷӣ маъруф буд, дар поёни ҳамин аср аз байн бурд. Забони ванҷӣ наздиктарин хеши забони язғуломӣ буда, ба гурӯҳи ''«шимолии»'' забонҳои помирӣ дар қатори язғуломӣ ва (эҳтимолан) саргуломӣ дохил мешуд. Мутахассисон аз байн рафтани онро ба охири асри XIX нисбат медиҳанд; мардумшиносон дар ибтидои асри XX аз ин забон танҳо чанд даҳ вожаро сабт карда тавонистаанд.<ref name="ref872">Памирские языки (рус.) // Лингвистический энциклопедический словарь. — М.: Советская энциклопедия, 1990.</ref><ref name="ref882">[https://old.bigenc.ru/linguistics/text/2701306 Памирские языки] (рус.) // Большая российская энциклопедия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Лаҳҷаҳои ванҷии забони тоҷикӣ мавзӯи таҳқиқи бунёдии эроншиноси рус А. З. Розенфелд гардидаанд, ки соли 1964 дар [[Ленинград]] монографияи махсуси ''«Ванджские говоры таджикского языка»''-ро дар ҳаҷми 151 саҳифа ба табъ расонидааст.<ref name="ref892">Розенфельд А. З. Ванджские говоры таджикского языка / ЛГУ им. А. А. Жданова. — Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. — 151 с.</ref> Дар гуфтугӯи мардуми Ванҷ ҷӯйборҳои лозурӣ, ки деҳаҳо дар канораи онҳо бино ёфтаанд, ''«даргов»'' номида мешаванд; ба ақидаи Ҳ. Пирумшоев, ин вожа гунаи тағйирёфтаи ибораи ''«даргоҳи об»'' аст.<ref name="ref210" /> Аммо дуруст он аст, ки аслаш дарагоб/дараоб (обе ки аз дара меояд) аст, зеро дар форсии миёна "дара" "дараг" навишта ва талаффуз мешудааст. Тибқи фарзияи дигари забоншиносӣ, метавон решаи вожаи ''«дарғов»''-ро бо калимаи осетинии ''«dærg»'' (''«дароз»'') пайванд дод, яъне маънои аслии он ''«оби дароз»'' бошад.<ref name="ref902">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. — Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. — §50–52.</ref>
Тибқи таснифи Розенфелд, гӯишҳои ванҷӣ ҷузъи таркибии гӯишҳои дарвозӣ буда, якҷоя бо онҳо ба гурӯҳи васеътари гӯишҳои ҷанубу шарқии забони тоҷикӣ дохил мешаванд.<ref name="ref912">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. — Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. — §59.</ref> Хусусияти муҳимтарини гӯишҳои дарвозиву-ванҷӣ – ҷобаҷогузории зарраи ''«ме-»''-и замони ҳозира-оянда аз аввали феъл ба охири он (миёни асос ва флексия) мебошад, ки дар ҳамаи гӯишҳои ин гурӯҳ, ба ғайр аз гӯиши болои Ванҷ, мушоҳида мешавад.<ref name="ref922">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. — Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. — §60, §61.</ref> Аз миёни гӯишҳои дарвозӣ, ба гӯиши ванҷӣ аз ҳама наздиктар гӯиши ягидӣ (алалхусус ба зерлаҳҷаи водхудии поёни Ванҷ) ва гӯиши миёнаи дарвозиву-ваҳиёӣ (ба лаҳҷаи миёнаи Ванҷ) мебошанд.<ref name="ref932">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. — Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. — §62.</ref>
Гуфтанист, ки таснифи забоншиносии соли 1906-и Снесарев аз таснифи дақиқтари баъдинаи Розенфелд каме фарқ мекард: ба гуфтаи ӯ, сокинони водии Язғулом ва болооби Ванҷ ба яке аз лаҳҷаҳои забони шуғнонӣ сухан мегуфтанд — тасниферо, ки пажӯҳиши забоншиносии баъдина, бо ҷудо кардани забони ванҷӣ ба унвони узви алоҳидаи гурӯҳи шимолии забонҳои помирӣ (ниг. боло), дақиқтар намуд.<ref name="ref219" />
=== Лаҳҷаҳои дохилии гӯиши ванҷӣ ===
Розенфелд дар дохили гӯиши ванҷӣ се лаҳҷаи асосиро фарқ мекунад: лаҳҷаи поёни Ванҷ, лаҳҷаи миёнаи Ванҷ (ки онро боз лаҳҷаи ваҳиёиву-ванҷӣ низ меноманд) ва лаҳҷаи болои Ванҷ.<ref name="ref942">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. — Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. — §54.</ref>
Лаҳҷаи поёни Ванҷ дар деҳаҳои соҳили рости дарёи Ванҷ (аз резишгоҳ ба боло) – Вискроғ, Бичхарвак, Рохарв (маркази ноҳия), Бовид ва Одешт – ва дар соҳили чап – Дашти Роғ, Лангар, Гишхун ва Ғумаяк, инчунин дар деҳаҳои ҷамоати Водхуд роиҷ аст; аксарияти сокинони поёни Ванҷ ва Водхуд муҳоҷиронанд, ки бештарашон аз Дарвоз ва қисман аз болои Ванҷ ба ин ҷо кӯчидаанд.<ref name="ref1510" /> Дар дохили ин лаҳҷа ду зерлаҳҷа – водхудӣ ва гишхунӣ – фарқ карда мешаванд; барои зерлаҳҷаи водхудӣ лабиалишавии қавии садоноки ''«о»'', мавҷудияти зарфи ''«fru/fre»'' ба маънои ''«поён»'' ва истифодаи шакли дуюми замони ҳозира-ояндаи феъл дар шахсҳои якум ва саввуми танҳо бо флексияи ''«-a»'' (масалан, ''«gama»'', ''«ravama»'' ба ҷои шакли маъмули дарвозиву-ванҷии ''«game»'', ''«rave»'') хос аст.<ref name="ref952">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. — Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. — §56, саҳ. 12.</ref>
Лаҳҷаи миёнаи Ванҷ (ваҳиёиву-ванҷӣ) аз деҳаи Бунай то деҳаҳои Доршир (дар соҳили рост) ва Гуҷовас (дар соҳили чап), то деҳаи болотарини водӣ – Поймазор – паҳн аст. Сокинони ин минтақаро ''«ваҳиёчиён»'' меноманд, зеро аксарашон муҳоҷироне мебошанд, ки аз водии Ваҳиёи Боло ба ин ҷо кӯчидаанд. Барои ин лаҳҷа мавҷудияти ҳамсадоҳои болофаринголии ''«ҳ»'' ва ''«айн»'', истифодаи пасванди ''«-ak»'' дар шахси саввуми танҳои замони гузашта (''«umadastak»'' – ''«ӯ омад»''), калимаи ''«oča»'' ба маънои ''«модар»'' (ба ҷои ''«muma»''-и роиҷ дар дигар лаҳҷаҳои ванҷӣ) ва номи ''«ruzan»'' барои равзанаи дуд хос аст; ин лаҳҷа аз рӯи аломатҳои зикршуда ба лаҳҷаи ваҳиёиву-дарвозӣ наздик мешавад.<ref name="ref962">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. — Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. — §57, саҳ. 12.</ref>
Лаҳҷаи болои Ванҷ аз деҳаи Доршир то сарчашмаҳои дарёи Ванҷ – дар деҳаҳои Сетарғ, Мурғутга, Ван-Вани Боло ва Поён (соҳили рост) ва Гуҷовас, Гумаст, Рованд, Гармчашма, Сунгад (соҳили чап) – паҳн аст. Сокинони ин минтақа худро ''«ванҷиҳо»'' ё ''«ванҷиёни туптӣ»'' (яъне бумӣ) меноманд ва маҳз дар ҳамин лаҳҷа лексикаи бештар архаистӣ, аз ҷумла боқимондаҳои алоҳидаи забони куҳани ванҷӣ, то имрӯз нигоҳ дошта шудааст.<ref name="ref972">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. — Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. — §58, саҳ. 12–13.</ref> Хусусияти муҳимтарини лаҳҷаи болои Ванҷ дар он аст, ки зарраи ''«ме-»'' дар аввали шакли феълӣ боқӣ мемонад ва ба охири он нагузашта; маҳз бо ҳамин аломат, ин лаҳҷа аз ҳамаи дигар гӯишҳои дарвозиву-ванҷӣ фарқ мекунад.<ref name="ref922" />
Аз лиҳози овоӣ (фонетикӣ), гӯишҳои ванҷӣ бо паҳншавии васеи фонемаи ''«ə»'' (ки ба садонокҳои кӯтоҳи забони адабӣ рост меояд) ва мулоимшавии садоноки ''«ӯ»'' тавсиф мешаванд.<ref name="ref982">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. — Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. — §1–3, саҳ. 5–6.</ref> Далели дигари куҳансолии ин гӯишҳо паҳншавии васеи фонемаи ''«ж»'' аст, ки дар забони адабии тоҷикӣ танҳо дар се-чор калима боқӣ мондааст, ҳол он ки дар гӯишҳои ванҷӣ гурӯҳи назарраси калимаҳо бо ин ҳамсадо сабт шудаанд (масалан, ''«жеғ»'' – якрав, ''«жовидан»'' – ҷавидан).<ref name="ref992">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. — Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. — §15, саҳ. 6–7.</ref> Афтодани ҳамсадои ''«д»'' дар миёни калима, ки хоси гӯишҳои дарвозиву-ванҷист, ба сохти флексияи феълӣ низ таъсир расонидааст: дар замони гузашта шахси саввуми танҳо флексияи ''«-и»''-ро мегирад (масалан, ''«babori»'' – ''«борид»''), шахси саввуми ҷамъ бошад – флексияи ''«-ин»''.<ref name="ref1002">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. — Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. — §11.</ref>
Дар морфология, ҷамъбандии исм тавассути пасвандҳои ''«-о»'' (умумӣ), ''«-ун»'' (барои исмҳои ҷондор) ва ''«-гала»'' (барои гурӯҳи одамон) сурат мегирад.<ref name="ref1610" />
Лексикаи гӯишҳои ванҷӣ, нисбат ба гӯишҳои дарвозӣ низ, дараҷаи баландтари архаизмро нишон медиҳад: дар он калимаҳое нигоҳ дошта шудаанд, ки дар забонҳои адабии тоҷикӣ ва форсӣ дигар истифода намешаванд, вале дар ашъори Фирдавсӣ ё дар фарҳангҳои қадимӣ сабт гардидаанд (масалан, ''«кӯп»'' ба маънои ''«санг»'', ''«харсанг»'').<ref name="ref1012">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. — Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. — §48.</ref> Илова бар қабати калони калимаҳои помирӣ, дар гӯишҳои ванҷӣ гурӯҳи калимаҳое низ ба назар мерасанд, ки бо забони яғнобӣ ва ҳатто бо забони бостонии осетинӣ (аз шохаи шимолии забонҳои эронӣ) муштараканд.<ref name="ref902" /> Дар ''«Феҳристи калимаҳои куҳани ванҷӣ»'', ки ҳамчун замима ба монография пайваст шудааст, Розенфелд бар пояи таҳлили лексикӣ ва фонетикӣ ба хулосае мерасад, ки забони куҳани ванҷӣ ба гурӯҳи шуғнонию рӯшонии забонҳои помирӣ тааллуқ доштааст.<ref name="ref1022">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. — Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. — Замимаи «Феҳристи калимаҳои куҳани ванҷӣ».</ref>
Бархе донишмандони рус, монанди И. И. Зарубин, А. З. Розенфелд ва дигарон, назарияеро дар бораи вуҷуди куҳанзабони ванҷӣ (русӣ: старованджский язык) ироя кардаанд, ки тибқи он ин забон тақрибан дусад сол пеш аз байн рафта, гӯиши кунунии ванҷӣ ҷойгузинаш шудааст. И. И. Зарубин дар ин маврид мегӯяд:
"Забони куҳнаи ванҷӣ дар водии Ванҷ (шохоби рости Панҷ) ва саргуломӣ дар болооби дарёи Саргулом, дар шарқи вилояти Файзободи Афғонистон ривоҷ дошт. Тақрибан дусад сол пеш лаҳҷаҳои тоҷикӣ ҷои онҳоро гирифтанд".
Забоншинос Т. Н. Пахалина дар баррасии муқоисавии забонҳои помирӣ, забони ванҷиро дар силсилаи забонҳои помирӣ чунин ҷой додааст:
''«Ванджский язык, известный в настоящее время по небольшому количеству слов, зафиксированных в 1924 г. И. И. Зарубиным [6], а позднее — А. З. Розенфельд [28; 29] (в прошлом был распространен в долине Ванджа — правого притока Пянджа).»''
Тарҷума: ''«Забони ванҷӣ, ки имрӯз танҳо бо шумораи ками вожаҳо маълум аст ва соли 1924 аз ҷониби И. И. Зарубин ва баъдтар аз ҷониби А. З. Розенфелд сабт шудааст (дар гузашта дар водии Ванҷ — шохоби рости Панҷ — роиҷ буд).»''.<ref name="ref1032">Пахалина Т. Н. Сравнительный обзор памирских языков // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 222.</ref>
Шаҳодати дигаре дар бораи фарҷоми ин забон дар мақолаи Т. Г. Абаева дар бораи пажӯҳишҳои А. В. Станишевский омадааст:
''«Укором в адрес лингвистов звучало сообщение о том, что в долине Ванча недавно умерли последние старики, владевшие ванчским языком.»''
Тарҷума: ''«Хабаре барои забоншиносон ҳамчун сарзаниш садо дод ва он ҳам дар бораи он, ки дар водии Ванҷ, ба наздикӣ пиронсолони охироне, ки забони куҳнаванҷиро медонистанд, аз дунё гузаштанд.»''.<ref name="ref1042">Абаева Т. Г. Исследования А. В. Станишевского (Азиза Ниалло) о Памире // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 290.</ref>
Дар байни намунаҳои камшумори боқимондаи забони куҳани ванҷӣ, ки дар хотираи шифоҳии пиронсолони маҳал нигоҳ дошта шудаанд, ибораи ''«Агни капол, пасни двол, чангола вол»'' сабт гардидааст.<ref name="ref215">"ҶМЛАЕ АЙ ЗАБУНИ КУНАИ ВАНҶӢ" (маводи забоншиносии шифоҳӣ, аз Анҷумани Ванҷ).</ref> Тибқи тахмини муҳаққиқони маҳаллӣ, ин ибора метавонад ба маънои тахминии ''«оташ дар пешонӣ, пас дар девор, бо чанголҳо бархез»'' тарҷума шавад; мавҷудияти вожаи ''«агни»'' (оташ), ки дар забони санскрит низ бо ҳамин маъно ба кор меравад, аз бостонии решаҳои ин забон гувоҳӣ медиҳад.<ref name="ref215" /> Ин намуна, ҳарчанд аз нигоҳи забоншиносии илмӣ то ҳол таҳлили муфассал нашудааст, аҳамияти он дар нигоҳдории бехатари охирин осори шифоҳии забони куҳани ванҷӣ, ки гӯяндагони охирини он – тавре ки дар боло зикр гардид – аллакай даҳсолаҳо пеш аз дунё гузаштаанд, нуҳуфта аст.
Забони язғуломӣ, ки дар шаш деҳаи ҷамоати Язғулом ба кор меравад, забони бехат аст ва шумораи гӯяндагонаш тақрибан 3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад; аксари язғуломиён дузабонаанд ва забони тоҷикиро низ медонанд.<ref name="ref1052">Язгулямский язык (рус.) // Лингвистический энциклопедический словарь. — М.: Советская энциклопедия, 1990.</ref><ref name="ref1062">[https://old.bigenc.ru/linguistics/text/4924529 Язгулямский язык] (рус.) // Большая российская энциклопедия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Таҳқиқи бунёдии ин забон ба қалами эроншиноси маъруф Д. И. Эделман тааллуқ дорад, ки соли 1966 дар [[Маскав]] монографияи ''«Забони язғуломӣ»''-ро ба табъ расонидааст.<ref name="ref1072">Эдельман Д. И. Язгулямский язык. — М.: Наука, 1966.</ref> Пас аз муҳоҷирати соли 1954 бахше аз язғуломизабонон дар ноҳияи Куйбишеви водии Вахш низ сокин шуданд ва забони язғуломӣ то кунун дар он ҷо низ ба кор меравад.<ref name="ref602" />
Дар ''«Атласи забонҳои дар хатар қарордоштаи ҷаҳон»''-и ЮНЕСКО (таҳти таҳрири Кристофер Мозли, соли 2010), забони язғуломӣ ба зумраи забонҳои осебпазир (Vulnerable) дохил гардидааст.<ref name="ref1082">Moseley Chr. (ed.) Atlas of the World\\\'s Languages in Danger. — 3rd ed. — Paris: UNESCO Publishing, 2010.</ref> Тибқи ҳамин Атлас, аз 15 забони дар хатар қарордоштаи Осиёи Марказӣ, 11-тояш дар Тоҷикистон, бештараш дар ҳудуди ВМКБ, роиҷ аст.<ref name="ref1092">[https://old.asiaplustj.info/en/news/tajikistan/society/20170629/unesco-publishes-atlas-of-the-worlds-languages-in-danger UNESCO publishes atlas of the world\\\'s languages in danger] (англ.) // Тоҷикистон Ньюз Азия-Плюс, 29 июни 2017. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Пажӯҳиши ҷомеашиносии забонии Д. Пол, Э. Аббесс, К. Мюллер, К. Тиссен ва Г. Тиссен нишон медиҳад, ки муносибати сокинони водии Язғулом ба ҳарду забон – язғуломӣ ва тоҷикӣ – мусбат аст: забони модарӣ дар зиндагии рӯзмарра пурқувват боқӣ монда, ҳеҷ нишонае аз ҷойивазкунии он бо забони тоҷикӣ мушоҳида намешавад, ҳарчанд забони тоҷикиро низ дар баъзе ҳавзаҳо муфид медонанд.<ref name="ref1102">Paul D., Abbess E., Müller K., Tiessen C., Tiessen G. Language Access and Tajik Language Proficiency among the Yazghulami of Tajikistan. — SIL International, 2010.</ref> Дар пойгоҳи байналмилалии таснифи забонҳо ''«Глоттолог»'' забони куҳани ванҷӣ бо рамзи ''«oldw1238»'' ва забони язғуломӣ бо рамзи ''«yazg1240»'' сабт шудаанд.<ref name="ref1112">Glottolog 5.0, коди «oldw1238» (забони куҳани ванҷӣ) ва «yazg1240» (забони язғуломӣ).</ref>
== Бахшбандӣ ==
Бар асоси Қонуни тақсимоти маъмурию ҳудудии кишвар, ноҳияи Ванҷ аз 1 шаҳрак (Ванҷ) ва 6 ҷамоат иборат аст:<ref name="ref1122">Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013. — 332 с.</ref>
{| class="wikitable"
!'''Ҷадвали 5. Ҷамоатҳои ноҳияи Ванҷ'''
|-
|'''Ҷамоат'''
|'''Аҳолӣ (нафар)'''
|'''Деҳаҳо'''
|-
|ба номи Маҳмадулло Абдуллоев
|10 983
|Бичхарв, Бодалд, Ускроғ, Роғ, Дашти Роғ, Панҷшанбеобод, Убари Даргов, Рохарв, Гушхун, Ғумаяк, Бовуд, Одешт, Ҷангали Зуго
|-
|Водхуд
|2178
|Пшихарв, Даштак, Лугад, Бунига, Узбай, Лахш, Баравн, Баравни Таг, Баравни Тор, Ваҳдат, Вравз
|-
|Ҷовидон
|4201
|Бунай, Рав, Жовуд, Потов, Арнавад, Убго
|-
|Рованд
|5573
|Ширговад, Ғиҷоваст, Мудеҳарв, Вишхарвак, Старғ, Ғӯмас, Мурғутга, Рованд, Гармчашма, Ван-Ван, Сунгад, Поймазор
|-
|Техарв
|3401
|Гич, Садвадг, Сед, Шаврӯ, Техарв, Чихох, Удоб, Равгада
|-
|Язғулом
|6065
|Мотравн, Вишхарв, Будун, Шавуд, Андарбоғ, Жамаг
|}
Дар санадҳои расмии солҳои охир ҷамоати марказии ноҳия бо номи ''«деҳоти Маҳмадулло Абдуллоев»'' зикр мегардад.<ref name="ref410" />
Барои муқоиса, тибқи гузориши капитан Кузнецов, дар соли 1892 бекигарии Дарвоз (ки Ванҷ ҷузъи он буд) ба 11 амлокдорӣ тақсим мешуд:
''«Въ административномъ отношеніи Дарвозское бекство дѣлится на 11 амилякдарствъ: Чиль-Даринское, Тавиль-Даринское, Сагри-Даштское, Кала-и-Хумбское, Шикайское, Куфское, Хагонское, Май-Майское, Джумарчское, Ванчское, Вахія-болё и два особыхъ отдѣла–Язгулемскій и Тангъ-Шивскій.»''
Тарҷума: ''«Аз ҷиҳати маъмурӣ, бекигарии Дарвоз ба 11 амлокдорӣ тақсим мешавад: Чилдарин, Тавилдарин, Сағридашт, Қалъаи Хумб, Шикай, Куф, Ҳагон (Деҳхагон), Моймай, Ҷумарҷ, Ванҷ, Вахиёи Боло ва ду шӯъбаи алоҳида — Язғулом ва Тангшив»''.<ref name="ref1132">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 68.</ref>
Аз ин тақсимот бармеояд, ки Ванҷ дар соли 1892 аллакай ҳамчун амлокдории алоҳида, ва Язғулом ҳамчун шӯъбаи ниммустақилу ба таври алоҳида идорашаванда фарқ карда мешуданд — падидае, ки то андозае бо бахшбандии имрӯзаи ноҳия, ки дар он Язғулом ҷамоати алоҳида аст, монандӣ дорад.
Тақрибан ҳаштод сол пас аз гузориши Кузнецов, забоншинос Д. И. Эделман, бар пояи маводи саҳроии худ ва пажӯҳиши А. З. Розенфелд, рӯйхати муфассали рустоҳои Ванҷро чунин овардааст:
''«Население Ванджа ныне говорит по-таджикски, хотя сравнительно недавно здесь еще бытовал ванджский язык, принадлежавший к памирской группе языков. Названия кишлаков по течению Пянджа: Даштак, Узбай, Лахш, Варавз, Лангарак, Бараун, Водхуд; по Ванджу: Бич-харвак, Рог, Лангар, Гишхун, Рохарв (официально Ванч), Гумаяк, Одешт, Бунай, Потоу, Жовид, Чихох, Сед, Техарв, Гуджовас, Ширговат, Доршир, Гумаст, Сетарг, Рованд, Мургытга, Сунгад, Ван-Ван, Поймазор.»''
Тарҷума: ''«Аҳолии Ванҷ имрӯз бо забони тоҷикӣ гуфтугӯ мекунад, ҳарчанд то ба ҳамин наздикӣ, дар ин ҷо, ҳанӯз, забони куҳнванҷӣ роиҷ буд, ки ба гурӯҳи забонҳои помирӣ тааллуқ дошт. Номҳои рустоҳо дар масири Панҷ: Даштак, Взбай, Лахш, Вароваз, Лангарак, Баравн, Водхуд; дар масири Ванҷ: Бичхарвак, Роғ, Лангар, Гишхун, Рохарв (расман Ванҷ), Ғумаяк, Одешт, Бунай, Потов, Жовид, Чхох, Сед, Техарв, Ғҷовас, Шрговад, Дуршер, Ғӯмас, Старғ, Рованд, Мурғтга, Смгад, Ван-Ван, Поймазор.»''.<ref name="ref1142">Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 50.</ref>
== Хоҷагидорӣ ==
Соҳаҳои асосии хоҷагидории ноҳия ғаллакорӣ, чорводорӣ, боғдорӣ ва сабзавоткорист; дар замони шӯравӣ тамокукорӣ низ соҳаи асосӣ буд. Соли 1939 дар тамоми ВМКБ 123 колхоз мавҷуд буд, аз ҷумла дар Ванҷ 30 колхоз таъсис дода буданд.
Водии Водхуд аз қадим бо ҳосилхезии замин ва фаровонии тути худ ном баровардааст: захираи ғалла ва меваи хушки ин мавзеъ (тут, зардолу, себ) на танҳо сокинони маҳаллӣ, балки деҳоти камзамини ҳамсояро низ аз танқисӣ мераҳонд ва ибораи мардумии ''«тути Водхуд пухт, имсол ҳам ҷон ба саломат бурдем»'' аз ҳамин воқеият бармеояд.<ref name="ref210" />
Дар ноҳия 53 хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд аст. Майдони умумии заминҳои хоҷагӣ 14 417 гектар аст, аз ҷумла заминҳои корам – 1381 гектар (2012), чарогоҳҳо – 1219 гектар, боғҳо – 734 гектар. Тибқи омори соли 2012 дар ноҳияи Ванҷ 2478 тонна ғалла, 1924 тонна гӯшт, 1 млн дона тухм, 3742 тонна шир, 157 тонна чормағз, 6353 тонна сабзавот ва 11 295 тонна картошка ба даст омад. Бар асоси омори соли 2011, шумораи чорво дар хоҷагиҳо чунин буд: гов – 15 234 сар, гӯсфанду буз – 32 498 сар.
Дар давоми даҳсолаи охир сохтори хоҷагидории ноҳия ба таври куллӣ дигаргун шуд: ба ҷои 53 хоҷагии деҳқонии соли 2012, имрӯз 14 ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ 120 хоҷагии инфиродиро бо фарогирии 3217 саҳмдор муттаҳид месозад.<ref name="ref1152">Ванҷ. Рушди соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Майдони умумии заминҳои корам ба 2601 гектар расидааст, ки аз он бештар аз 1080 гектарро боғҳои мевадиҳанда ташкил медиҳанд; танҳо дар бист соли охир 282 гектар замини нав аз худ карда шудааст.<ref name="ref1162">[https://khovar.tj/2025/11/dar-no-iyai-van-so-ai-bo-parvar-rushd-meyobad/ Дар ноҳияи Ванҷ соҳаи боғпарварӣ рушд меёбад] // АМИТ «Ховар», 18 ноябри 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Тибқи таҳлилҳои муқоисавӣ, дар зарфи се даҳсолаи охир истеҳсоли ғалладонагиҳо тақрибан 6 баробар, картошка 8 баробар, сабзавот 16 баробар ва мева 42 баробар афзудааст.<ref name="ref1172">Ванҷ. Ҷашни истиқлол мондагор хоҳад буд // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Танҳо то охири моҳи октябри соли 2025 аз боғоти ноҳия 2205 тонна меваи тару тозаву хушк ба бозорҳои хориҷӣ ва шаҳрҳои калони ҷумҳурӣ содирот гардид,<ref name="ref1162" /> ва моҳи августи соли 2023 кишоварзони ноҳия дар ярмаркаи Боғи ''«Куруши Кабир»''-и Душанбе зиёда аз 13 тонна маҳсулоти тару тоза ба сокинони пойтахт пешниҳод карданд.<ref name="ref1182">Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби кишоварзони ноҳияи Ванҷ // АМИТ «Ховар», августи 2023. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Аз соли 2009, вақте ки дар ноҳия аввалин ду гармхонаи намунавӣ ба кор дароварда шуданд,<ref name="ref1192">Дар Ванҷ гармхонаҳо ба кор даромаданд // АМИТ «Ховар», августи 2009. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> технологияи гармхонагӣ дар қисматҳои поёнии ноҳия паҳн шудааст. Дар давраи охир, дар ҳамкорӣ бо мутахассисони минтақаи илмӣ-таҷрибавии ''«Ҷангали Зуго»''-и Институти биологии Помир, соҳибкор Ҳайдар Фаёзов аз деҳаи Гишхун дар ноҳия парвариши озмоишии лимӯ ва дигар меваҳои ситрусиро оғоз кард – навъе, ки то ҳол дар ВМКБ танҳо хоси баъзе минтақаҳои ноҳияи Дарвоз буд.<ref name="ref1202">Ванҷ. Авлавият ба рушди лимӯпарварӣ // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Таърихи иқтисодиёт: аз мубодилаи молӣ то бозор (асри XIX) ===
Дар асри XIX иқтисодиёти Ванҷ, монанди тамоми Дарвоз, хусусияти патриархалӣ ва асосан мубодилавӣ (натуралӣ) дошт. Тибқи маълумоти И. Юхновский, ки соли 1894 дар рӯзномаи ''«Туркестанские Ведомости»'' ба нашр расидааст, дар водии Ванҷ пул, ченаку вазн қариб номаълум буда, тиҷорат асосан ба таври мубодилавӣ сурат мегирифт; танҳо мансабдорони бухороӣ чой менӯшиданд, аҳолии таҳҷоӣ бошад, ин нӯшокиро танҳо дар ҷашнҳои оилавӣ истифода мебурд.<ref name="ref211" /> Ҳангоми муайян кардани арзиши маҳсулот, воҳиди ченаки ''«карбос»'' (порчаи дастбофти маҳаллӣ) барои матоъ ва ''«тӯппӣ»'' барои маҳсулоти донагӣ ба кор мерафт.<ref name="ref211" /> Тибқи нархномаи ҳамон давра, як ишак (тахминан 4 пуд) ғалла аз 4 то 6 танга, як гӯсфанди калон 6-7 танга ва як гӯсфанди хурд 4 танга арзиш дошт; тангаи нуқрагини бухороӣ вазни 3,36 грамм дошт.<ref name="ref211" /> Аз Ванҷ асосан оҳани дар конҳои болооби дарёи Ванҷ истихроҷшуда ва қисман ғалладона ба минтақаҳои ҳамсояи Дарвоз, тавассути Қалъаи Хумб, содир мегардид.<ref name="ref211" />
Дар бекигариҳои шимолу шарқии Бухоро — Қаратегину Дарвоз, ки Ванҷ ба ҳайати онҳо дохил буд — тибқи арзёбии Юхновский (1894), тақрибан сад ҳазор нафар сокин зиндагӣ мекард, ки эҳтиёҷоташон хеле маҳдуд буд.<ref name="ref211" /> Гарчанде ғаллакорию чорводорӣ шуғли асосии аҳолӣ буд, ҳаҷми истеҳсоли онҳо барои қонеъ кардани ҳатто эҳтиёҷоти хурдтарин кофӣ набуд; нони Дарвоз бештар аз бекигарии Кӯлобу дигар минтақаҳо ворид карда мешуд.<ref name="ref211" /> Аз ин рӯ, аҳолӣ маҷбур мешуд, ки ба муҳоҷирати мавсимии меҳнатӣ ба Фарғона ва ҳатто [[Тошканд]] рӯй орад, зеро зироаткорӣ, ба сабаби норасоии замини корам, ҳатто барои эҳтиёҷоти нисбатан мӯътадил кофӣ набуд.<ref name="ref211" /> Танҳо шумораи ками сокинон аз нони холиси гандум истифода мебурданд; орди гандумро бо орди лӯбиё меомехтанд ва дар водиҳои Ванҷ, Язғулому Панҷ ҳатто орд аз мурчи хушкидаи тут, пиёзи кӯҳӣ ва дигар решаҳои кӯҳӣ тайёр мекарданд.<ref name="ref211" /> Чорводорӣ низ наметавонист рушд кунад, зеро кӯҳҳои Дарвоз нисфи сол ва бештар зери барф мемонданд ва аҳолӣ фақат барои миқдори ками чорво (ки дар он гӯсфанд бартарӣ дошт) захираи алаф ҷамъ карда метавонист; гӯшти шикор — шикорварзӣ яке аз шуғлҳои асосии дарвозиён буд — дар баробари гӯсфанд яке аз молҳои асосии мубодилавӣ маҳсуб мешуд.<ref name="ref211" />
Қалъаҳои Ғарму Қалъаи Хумб, ки маркази маъмурии беки Қаратегину Дарвоз буданд, ягона бозорҳои мубодилаи маҳсулоти маҳаллӣ ба шумор мерафтанд.<ref name="ref211" /> Аз Кӯлоб тоҷирон бо ду-се асп матои бязӣ ва дигар матоъҳои дағал барои ҷома меоварданд ва барои ҳар 12 арш бязӣ як пӯсти рӯбоҳ мегирифтанд.<ref name="ref211" /> Маркази умумии тиҷоратии тамоми Қаратегину Дарвоз шаҳри Кӯлоб буд; агар қаратегиниён боз ба бозорҳои [[Ӯротеппа|Ӯротеппаву]] Қӯқанд мерафтанд, дарвозиён танҳо ба Кӯлоб рӯй меоварданд.<ref name="ref211" /> Аз Кӯлоб инчунин ранги «бузгунч» — маҳсулоте, ки аз варами баргҳои дарахтони писта, ки нишебиҳои кӯҳҳои Кӯлобро мепӯшониданд, ба даст меомад — ворид карда мешуд.<ref name="ref211" />
Юхновский тарзи бинокории маҳаллиро низ тасвир кардааст: пойдевори баланди сангин бо гил, деворҳои хишти хоми калону бетартибшакл ва боми чӯбине, ки бо ках ва шохча пӯшонида, аз рӯй бо гил андова карда мешуд; сохтмон одатан аз аввали баҳор то нимаи тирамоҳ (аз апрел то сентябр) идома меёфт, дар ҳоле ки санг ва гил ҳамеша дар дастрас буданд ва чӯб — аз дарахтони тут, бед ва сафедор — аз боғоти маҳаллӣ, арча бошад аз кӯҳҳо оварда мешуд.<ref name="ref211" /> Тибқи нархномаи ҳамон давра, як бревна ба дарозии 2,5 арш ду танга, се даста хошок (ҳар кадом 2,5 арш) ду танга, як даста ках як танга ва як батмон (8 пуд) оҳак ду танга арзиш дошт; барои тайёр кардани ҳазор хишти хом дар як рӯз чор нафар коргар лозим буд ва музди рӯзонаи коргарони оддӣ тахминан як танга буд.<ref name="ref211" /> Оҳани маҳаллӣ аз конҳои болооби дарёи Ванҷ истихроҷ мешуд; як пораи оҳан ба дарозии 2,5 арш ва диаметри ¾ арш арзиши 300 тангаро дошт.<ref name="ref211" /> Дар шаҳраки Рохар танҳо як оҳангар ва ду наҷҷор фаъолият доштанд; музди рӯзонаи чунин устод бо шогирду асбобҳояш тахминан панҷ танга буд, ва абзорҳои маъруфи ин ҳунармандон арра, теша, чакуш, ранда ва табар буданд.<ref name="ref211" /> Дар бораи нархи маводи хӯрока, равғани гов барои ҳар панҷ фунт як танга, мурғ даҳ тин, тухм 64 дона барои як танга ва алафи себарга аз 25 то 30 даста барои як танга арзиш дошт; намак, ки аз Кӯлоб ворид мешуд, гарон буд — барои як тӯппии намак чор тӯппии ғалла медоданд; биринҷ аз Қалъаи Хумб харидорӣ мешуд ва нархаш вобаста ба мавҷудияш аз чор то панҷ танга барои панҷ фунт таҳаввул мекард.<ref name="ref211" /> Дар мавсими зимистон таъмини ем ва озуқа мушкил мегардид, аз ин рӯ захираи зимистона аз тирамоҳ омода карда мешуд.<ref name="ref211" />
Тавре Юхновский таъкид мекунад, миқдори дақиқи содироти солонаи оҳанро муайян кардан ғайриимкон буд, зеро мақомоти маҳаллӣ дар бораи рақами он тасаввуроти дақиқ надоштанд.<ref name="ref211" /> Чою дигар молҳои ҳиндӣ тавассути Шуғнону Рӯшон умуман ворид намешуданд; миқдори ками онҳо аз Бадахшон тавассути Куф ва Қалъаи Хумб, ва асосан тавассути Кӯлоб, ба даст меомад.<ref name="ref211" />
=== Кишоварзии анъанавӣ: ангури Ванҷӣ ===
Яке аз навъҳои қадимаи ангури маҳаллӣ, ки то имрӯз парвариш карда мешавад, навъи ''«Ванҷӣ»'' аст. Тибқи Энсиклопедияи миллии тоҷик, ин навъи ангури миёнапаз баргҳои калони гирда, хӯшаҳои калони махрутшакли 350-400 грамма ва ғужбҳои калони байзашакли сафеди зардчаро доро буда, дар таркиби меваи пухтааш 20-21,5 фоиз қанд ҷамъ мешавад.<ref name="ref218">Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 3. — Душанбе, 2014.</ref> Ангури Ванҷӣ нимаи моҳи май гул карда, мевааш нимаи августи ҳамон сол мепазад ва давраи нашъунамои он 135-145 рӯзро дар бар мегирад; ин навъ барои хӯрдан ва хушконидан мувофиқ буда, то 24 фоиз мавизи баландсифат медиҳад ва то моҳи январ нигоҳ дошта мешавад.<ref name="ref218" /> Мутаассифона, токи ин навъи ангур ба сармо ва бемории гарда тобовар нест, ки ин омил боиси маҳдудияти парвариши он дар минтақаҳои хунуктар мегардад.<ref name="ref218" />
=== Ҳунармандии анъанавӣ ===
Дар соҳаи ҳунармандӣ, мардуми Ванҷ таърихан ба истеҳсоли пойафзол (чоруқ, нимпоймонак) аз пӯсти дағалона коркардшуда ва либос аз матои ''«карбос»''-и худбоф машғул буданд, ки занон онро аз пашми дағал мебофтанд.<ref name="ref211" /> Матоъ ва баъзе маҳсулоти дигар – аз ҷумла пӯсти рӯбоҳу гурба – ҳамчунин аз водиҳои ҳамсояи Шуғнону Рӯшон, тавассути пиёдагардон ва бо миқдори ками пинҳонӣ, ворид карда мешуданд, ки ин далели мавҷудияти шабакаи мубодилаи тиҷоратӣ дар байни аҳолии гуногуни Бадахшон аст.<ref name="ref211" />
Мӯзаро (пойафзоли пошнадор) сокинони Ванҷ на дар маҳал, балки дар бозори Қалъаи Хумб мехариданд.<ref name="ref211" /> Сабаби маҳдуд будани ин навъи воридот дар он буд, ки ҳокимияти Шуғнону Рӯшон содироти маҳсулоти маҳаллиро ба ҳама ҷо, ба ҷуз [[Кобул]], манъ карда буд.<ref name="ref211" />
=== Чорводорӣ ва занбӯриасалпарварӣ ===
Дар муқоиса бо давраи пеш аз истиқлол, дар ноҳия саршумори чорвои калону майда дар маҷмуъ 2 баробар, истеҳсоли гӯшт 4 баробар ва истеҳсоли тухм 31 баробар афзудааст.<ref name="ref1172" /> Тибқи омори соли 2023, саршумори чорвои калони шохдор ба 17 135 сар (нисбат ба 15 234 сар дар соли 2011) ва моли майда (гӯсфанду буз) ба 41 000 сар (нисбат ба 32 498 сар) расидааст; ҳамчунин дар хоҷагиҳои ноҳия 41 350 сари парранда ва 1082 оилаи занбӯри асал ба қайд гирифта шудааст.<ref name="ref1172" /><ref name="ref1152" /> Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди занбӯриасалпарвариро яке аз воситаҳои пасткунандаи камбизоатӣ ва таъминкунандаи шуғли деҳот муайян кардааст.
Сарватҳои зеризаминии ноҳия: пахтасанги кӯҳӣ (асбест), молибден, мармар ва ғайра; инчунин конҳои никел, оҳансанг ва оҳак мавҷуданд.
=== Муҳоҷирати меҳнатӣ ===
Мисли аксари минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон, иқтисодиёти хонаводаҳои Ванҷ ба таври назаррас аз муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳаволапулиҳо вобаста аст. Тибқи арзёбии [[Бонки Ҷаҳонӣ]] аз моҳи ноябри соли 2025, ҳаволапулиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ беш аз 30 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд ва, гарчанде вобастагӣ ба ин маблағҳо сатҳи камбизоатиро коҳиш додааст, нобаробарии даромад (нишондиҳандаи Гини) аз 32 то 38 дар байни солҳои 2021 ва 2023 афзудааст; ВМКБ дар қатори минтақаҳое зикр шудааст, ки бо маҳдудиятҳои шадиди ҷуғрофиву иқлимӣ рӯбарӯянд.<ref name="ref1212">[https://www.worldbank.org/en/country/tajikistan/publication/poverty-and-equity-assessment Tajikistan Poverty and Equity Assessment] (англ.) // Бонки Ҷаҳонӣ, 22 сентябри 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Пажӯҳиши умумимиллии соҳаи тандурустӣ доир ба муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон нишон додааст, ки дар байни панҷ минтақаи кишвар (Душанбе, ВМКБ, Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ), ҳиссаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар аҳолии ВМКБ (49,59 фоиз аз намунаи пажӯҳишӣ) назар ба дигар минтақаҳо (камтар аз 32 фоиз) хеле баландтар будааст.<ref name="ref1222">[https://pmc.ncbi.nlm.nih.gov/articles/PMC11679146/ Inclusion of Labor Migrants as a Potential Key Population for HIV: A Nationwide Study from Tajikistan] (англ.) // PMC/NCBI. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар маҷмуи умумимиллӣ, беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон ҳарсола барои кор ба Русия мераванд; ҳаволапулиҳо дар соли 2013 қариб нисфи маҷмуи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медоданд, ки то соли 2018 ба тақрибан 30 фоиз (2,2 миллиард доллари ИМА) коҳиш ёфт.<ref name="ref1232">[https://www.migrationpolicy.org/article/dependent-remittances-tajikistan-prospects-dim-economic-growth Dependent on Remittances, Tajikistan\\\'s Long-Term Prospects for Economic Growth and Poverty Reduction Remain Dim] (англ.) // Migration Policy Institute. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Саноат ===
Дар ноҳия корхонаҳои хурди саноатӣ – сехи чӯҷабарорӣ, заводи хишти ''«Лугад»'', ҶДММ ''«Хрустал»'' – фаъолият доранд. Дар Ванҷ бозорҳои марказӣ ва марзӣ низ амал мекунанд.
25 июни соли 2025 дар ноҳия корхонаи истеҳсоли калсит, коркарди мармар ва сангҳои ороишии ҶСК ''«Мармар Стоун»'' ба кор шурӯъ кард, ки иқтидори солонаи он 40 ҳазор тонна маҳсулот буда, 40 сокини маҳаллиро бо ҷои кори доимӣ таъмин намудааст. Корхона чор хатти истеҳсолӣ дорад ва дар он беш аз 20 навъи санги табиӣ коркард мешавад; иқтидори истеҳсоли тахтасангҳои ороишӣ (мозаика) 10 ҳазор м³ ва коркарди санги мармар 160 ҳазор м³ дар як солро ташкил медиҳад.<ref name="ref1242">[https://asiaplustj.info/tj/node/350189 Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ аз Ванҷ оғоз шуд. Президент дар ин ноҳия кадом иншоотро ба истифода дод?] // Asia-Plus, 25 июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="ref1252">Ифтитоҳи корхонаҳои истеҳсоли калсит, коркарди мармар ва сангҳои ороишии ҶСК «Мармар Стоун» дар ноҳияи Ванҷ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
Дар ҳамон рӯз Парки саноатии ноҳия мавриди истифода қарор гирифт, ки дар масоҳати 788 м² ҷойгир буда, 6 корхонаи хурди истеҳсолиро фаро мегирад: истеҳсоли макарон, бандубасти маҳсулоти лӯбиёгӣ, коркарди равғани чормағз, коркард ва бандубасти меваи хушк, истеҳсоли собун ва дару тирезаҳои пластикӣ. Фаъолияти парк дар маҷмуъ 36 сокини маҳаллиро бо кор таъмин мекунад.<ref name="ref1242" /><ref name="ref1262">Ифтитоҳи Парки саноатии ноҳияи Ванҷ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
Дар доираи ҳамин парк, инчунин корхонаи коркарди равғани ангат (Hippophae rhamnoides) – растании шифобахши худрӯй, ки дар қад-қади дарёҳои ноҳия фаровон мерӯяд – ба кор шурӯъ кардааст; иқтидори он то 500 килограмм равғани холис дар як сол буда, аз ин ашё то 12 навъи маҳсулоти фармасевтию косметологӣ омода карда мешавад.<ref name="ref1272">Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ // Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ, июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Пеш аз таъсиси ин корхона, дар деҳаи Ғуҷоваст соҳибкорзан Васила Ғафурова коргоҳи хурди коркарди ангатро таъсис дода буд, ки маводи он берун аз ноҳия низ харидор пайдо кардааст.<ref name="ref1242" /> Барои дастгирии соҳибкории хурду миёна дар солҳои 2018-2019 ба соҳибкорони ноҳия зиёда аз 6,5 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шудааст.<ref name="ref1282">Сафарҳои дохилӣ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Энергетика ===
Дар Ванҷ чандин неругоҳи хурди барқи обӣ (НБО) фаъолият мекунад. Аз ҷумла, НБО-и ''«Техарв»'' дар дарёи Ванҷ бо иқтидори 400 кВт таҷдид гардида, ба шабакаи ягонаи барқи кишвар пайваст карда шудааст; НБО-и ''«Андарбак»'' дар водии Язғулом ба шабакаи ширкати ''«Помир Энерҷӣ»'' пайваст аст.<ref name="ref1292">[http://www.cawater-info.net/best-practices/ru/base/marker/21 Реконструкция МГЭС Техарв на реке Ванч мощностью 400 кВт в Ванчском районе Горно-Бадахшанской автономной области] (рус.) // CAWater-Info. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Таҳлилҳои соли 2021 нишон дода буданд, ки шабакаҳои барқии ноҳия ҳамагӣ 2,6 мегаватт барқ истеҳсол мекунанд, дар ҳоле ки барои фаъолияти пуриқтидори корхонаҳои нави саноати кӯҳӣ (ба мисли ''«Мармар Стоун»'') беш аз 5,6 мегаватт лозим буд.<ref name="ref1302">Имсол дар Ванҷ дар 15 гектар боғи нав бунёд карда шуд // АМИТ «Ховар», июли 2021. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Моҳи июни соли 2025 хатти интиқоли барқи дузанҷираи 35 ва 110-киловолтаи Хоруғ-Рӯшон бо дарозии 67,5 км ва зеристгоҳи ''«Ҷангал»'' ба маблағи умумии 114 миллион сомонӣ ба истифода дода шуд, ки интиқоли муназзами неруи барқро ба ноҳияҳои Рӯшон, Ванҷ ва Дарвоз ба маротиб беҳтар мегардонад; ҳамзамон сохтмони хатти 42-километраи интиқоли барқи 110-киловолта аз маркази ноҳияи Рӯшон то зеристгоҳи ''«Вознавд»'' оғоз ёфт, ки ба истифода додани он дар нимсолаи аввали соли 2026 пешбинӣ шудааст.<ref name="ref1312">[https://khovar.tj/2025/06/suhanronii-prezidenti-um-urii-to-ikiston-peshvoi-millat-emomal-ra-mon-dar-mulo-ot-bo-ro-baron-va-faoloni-viloyati-muhtori-k-istoni-badahshon/ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон] // АМИТ «Ховар», июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Нақлиёт ===
Нақлиёти ноҳия асосан автомобилист; як фурудгоҳи хурд ҳам дар шаҳраки Ванҷ (Рохарв) вуҷуд дорад. Қаламрави ғарбии ноҳия дар масири шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Мурғоб-Қулма қарор дорад; лоиҳаи таъмиру таҷдиди қитъаи ин шоҳроҳ аз Қалъаихумб то Ванҷ ва сарҳади ноҳияи Рӯшон арзиши умумии 2,5 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки то имрӯз корҳо ба маблағи 900 миллион сомонӣ анҷом ёфтаанд.<ref name="ref1322">Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ванҷ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> 25 июни соли 2025 роҳи мошингарди маркази ноҳия то нуқтаи пайвастшавӣ ба ин шоҳроҳ, иборат аз ду хатти ҳаракат бо дарозии умумии 16 км, пас аз таҷдид ба истифода дода шуд; дар дарозои роҳ истгоҳҳои нақлиётӣ ва гузаргоҳҳо барои пиёдагардон бунёд гардидаанд.<ref name="ref1242" /><ref name="ref1332">Ифтитоҳи роҳи маркази ноҳияи Ванҷ то нуқтаи пайвастшавӣ ба шоҳроҳи Душанбе-Кулма // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
23 июни соли 2025 ширкати ҳавопаймоии ''«Тоҷик Эйр»'' пас аз ёздаҳ соли танаффус (парвози охирин соли 2014 сурат гирифта буд) хатсайри ҳавоии Душанбе-Ванҷ-Душанберо аз нав кушод: парвози нахустин бо 15 мусофир анҷом ёфт. Парвоз дар ин масир 50 дақиқа тӯл кашида, тибқи ҷадвал ҳафтае як маротиба, рӯзҳои ҷумъа, бо ҳавопаймои Ан-28 иҷро мешавад ва нархи чипта дар як самт 750 сомонӣ муайян гардидааст.<ref name="ref1342">[https://asiaplustj.info/tj/node/350087 Оғози парвози ҳавопаймоӣ миёни Душанбе ва Ванҷ. Аввалин парвоз кай ва нархи чипта чанд аст?] // Asia-Plus, июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="ref1352">[https://asiaplustj.info/tj/node/350121 Пас аз 11 сол. Аввалин парвози ҳавопаймо дар масири Душанбе-Ванҷ-Душанбе анҷом ёфт] // Asia-Plus, 23 июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар доираи татбиқи ''«Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»'' (қабулшуда 28 июни соли 2024), 24 феврали соли 2026 дар шафати роҳҳои мошингарди ноҳияи Ванҷ беш аз 2000 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва сояафкану мевадиҳанда шинонида шуд.<ref name="ref1362">[https://khovar.tj/2026/02/daraht-binshon-dar-shafati-ro-oi-moshingardi-van-besh-az-2000-beh-ni-ol-shinonida-shud/ ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳҳои мошингарди Ванҷ беш аз 2000 бех ниҳол шинонида шуд] // АМИТ «Ховар», 24 феврали 2026. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Фарҳангу маориф ==
Пеш аз инқилоб аҳолии маҳаллии Ванҷ дар масҷидҳо ва хонаҳои муллоён хатту савод меомӯхтанд ва на ҳама ақшори мардум фурсат ва имкони саводомӯзӣ доштанд. Аз ин рӯ нисбати саводнокӣ дар миёни онҳо хеле паст буд ва ба сахтӣ метавонист ба 3-10 % бирасад. Саводомӯзии саросарии аҳолиро ҳукумати шӯравӣ ба роҳ монд.
Соли 1926 нахустин мактаб дар минтақа фаъолияти худро оғоз намуд: дар он танҳо 1 муаллим – Одил Боқиев (аз деҳаи Чихох) кор мекард ва 25 талаба дар он ҷо дарс меомӯхтанд. Соли 1930 шумораи муаллимон ба 7 нафар расид. Дар авохири даҳаи 30-юми асри XX тақрибан дар ҳамаи маҳалҳои сераҳолии деҳшӯроҳои Ванҷ мактабҳои ибтидоӣ таъсис ёфтанд, ки бештари бачагону наврасон дар онҳо таҳсил мекарданд.
Тобистони соли 1941 (дар арафаи [[Ҷанги Бузурги Ватанӣ]]) дастгоҳи кинонамоишдиҳӣ дар Ванҷ сохта, ба марҳалаи истифода расид. Соли 1941 дар вилоят 41 китобхона вуҷуд дошт, аз ҷумла китобхонаи ноҳиявӣ дар маркази Ванҷ ва 12 чойхонаи сурх. Дар аввали моҳи апрели соли 1930 дар яке аз деҳаҳои баландкӯҳи водии Ванҷ – Рованд нахустин маҷлиси ҷавонон баргузор шуд.
Дар соли таҳсилии 2011-2012 дар ноҳияи Ванҷ 50 мактаб, аз ҷумла 23 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 4 мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, 13 мактаби ибтидоӣ, мактаб-интернат ва муассисаи томактабӣ вуҷуд дошт. Дар ҳамин сол дар мактабҳои ноҳия 7437 талаба таҳсил мекард, ки ба онҳо 928 муаллими соҳибмаълумоти олӣ дарс медоданд.
25 июни соли 2025 дар деҳаҳои Мотравн, Будун, Вишхарв, Жамаг, Бунай, Техарв ва Ғиҷовасти ноҳия 7 кӯдакистони нав ифтитоҳ гардид: чор кӯдакистон аз ҳисоби буҷети маҳаллии вилоят ва се кӯдакистони дигар аз ҳисоби сокинони деҳаҳо тариқи ҳашар сохта шудаанд. Ин муассисаҳо аз 20 синфхона иборат буда, барои 380 тарбиятгиранда пешбинӣ шудаанд ва дар онҳо 34 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.<ref name="ref1242" /><ref name="ref1372">[https://khovar.tj/2025/06/peshvoi-millat-emomal-ra-mon-dar-no-iyai-van-ba-tavri-ma-oz-7-muassisai-talimii-tomaktabiro-iftito-namudand/ Ифтитоҳи 7 кӯдакистон дар ноҳияи Ванҷ] // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
Дар Ванҷ 45 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 1 театр, 13 клуб, 2 автоклуб, 5 хонаи фарҳанг, 25 китобхона бо фонди 114 960 нусха китоб фаъолият мекунад. Рӯзномаи ноҳиявӣ бо номи ''«Ватан»'' нашр мешавад: тибқи маълумоти Энсиклопедияи миллии тоҷик, ин нашрия соли 1937 ҳамчун органи Кумитаи Ҳизби коммунистӣ ва кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи ноҳия бо номи ''«Ҳақиқати Ванҷ»'' ба нашр расида, нахустин сардабираш Пирумшо Роҳатов буд; аз соли 1963 он бо номи ''«Ватан»'' моҳе як бор нашр мешавад ва адади нашраш дар соли 2014 ба 1200 нусха расидааст.<ref name="ref218" /> Рӯзнома дар тӯли даҳсолаҳо нақши муҳимро дар инъикоси ҳаёти фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии Ванҷ бозидааст.
Ванҷ ҳамчунин дорои мероси ғании эҷодиёти шифоҳии мардумӣ – афсонаҳо, қиссаҳо, зарбулмасалҳо ва чистонҳо – мебошад, ки аз насл ба насл интиқол ёфта, ҷаҳонбинӣ ва арзишҳои ахлоқии сокинони минтақаро инъикос мекунанд; намунаҳои қадимтарини сабтшудаи чунин фолклор ба маҷмуаи Семёнов (1903) тааллуқ доранд (ниг. боло, бахши ''«Осори таърихӣ»''). Бо вуҷуди ин, қисми зиёди ин мероси шифоҳӣ то ҳол ба таври пурра ҷамъоварӣ ва илман таҳқиқ нашудааст.
== Тиб ==
Аввалин иттилои тиббии сабтшуда дар бораи Ванҷ ба гузориши капитан Кузнецов (соли 1892) рост меояд, ки паҳншавии бемории зоб (гулбандварамӣ)-ро дар байни дигар бемориҳои маъмули Дарвоз махсус қайд кардааст:
''«Изъ другихъ болѣзней особенно развитыхъ въ Дарвозѣ, слѣдуетъ отмѣтить зобъ, главнымъ образомъ по рѣкѣ Ванчъ.»''
Тарҷума: ''«Аз дигар бемориҳое, ки дар Дарвоз хеле паҳн шудаанд, бояд зобро қайд кард, ки асосан дар канори дарёи Ванҷ вомехӯрад»''.<ref name="ref1382">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 51.</ref>
Соли 1939 дар Ванҷ маркази тиббӣ ва бемористоне барои 10 кат сохта шуда буд. Ин иттифоқ дар канори душвориҳои азиме ба вуҷуд омад: то оғози асри XX дар водӣ тибби илмӣ вуҷуд надошт ва сокинон танҳо ба гиёҳдармонӣ ва дуохонӣ такя мекарданд, ки боиси сатҳи баланди фавти модарону кӯдакон мегардид.<ref name="ref492" /> Тибқи як таҳқиқи диссертатсионӣ, гузариш ба тибби муосир бо муқовимати шадид ҳамроҳ буд: соли 1929 табиби рус Спажев, ки барои расонидани кумаки аввалияи тиббӣ ба Ванҷ фиристода шуда буд, аз ҷониби дастаҳои босмачӣ ба қатл расонида шуд – ҳодисае, ки соли 1931 бо қатли табиб Олхов дар ноҳияи ҳамҷавори Қалъаихумб такрор ёфт.<ref name="ref1392">Диссертатсия // Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ.</ref> Муҳоҷирати маҷбурии соли 1954-и сокинони водии Язғулом ба водии гарми Вахш низ оқибатҳои вазнини беҳдоштӣ – бемории оммавӣ ва фавти зиёди кӯдакон – ба бор овард, ки яке аз сабабҳои бозгашти тадриҷии як қисми муҳоҷирон ба зодгоҳашон гардид.<ref name="ref492" />
Ҳоло дар ноҳия як беморхонаи марказӣ (дар шаҳраки Рохарв, дорои 6 шуъбаи бистарикунонӣ), як беморхонаи минтақавӣ дар водии Язғулом, 22 бунгоҳи тиббӣ, маркази назорати беҳдоштӣ (санитарию эпидемиологӣ) ва 4 дорухона фаъолият доранд. Тибқи маълумоти соли 2023, ба ин шабака 57 310 нафар бемор муроҷиат кардааст – ба ҳисоби миёна беш аз 1,6 маротиба барои ҳар сокини ноҳия дар як сол.<ref name="ref1402">Ванҷ. Роҳандозии тадбирҳо дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар сохтори марказии шабака 47 духтури дорои маълумоти олӣ ва 193 корманди миёнаи тиббӣ кор мекунанд; рақами 369 нафар пизишки дорои маълумоти олӣ, ки дар маъхазҳои умумӣ оид ба ноҳия зикр мешавад, эҳтимол тамоми мутахассисони тиббии ҳудуди ноҳияро – аз ҷумла дорухонаҳо, СЭС ва муассисаҳои хусусиро – дар бар мегирад.<ref name="ref1402" />
Дар водии дурдасти Язғулом, ки пеш аз истиқлол мардум маҷбур буданд беморони вазнинро тавассути чорвои борбар ба масофаҳои дур интиқол диҳанд, имрӯз як дармонгоҳи минтақавӣ, ду маркази саломатӣ, се бунгоҳи тиббӣ дар деҳаҳои дурдаст ва як таваллудхонаи махсусгардонидашуда фаъолият доранд.<ref name="ref1402" /> Дар деҳаи Гармчашмаи ҷамоати Рованд, наздики лозури Ванҷях, як маркази саломатии муосир бо ҳамкории Вазорати тандурустӣ ва Хадамоти ҳифзи сиҳатии [[Бунёди Оғохон]] (Aga Khan Health Services) сохта шудааст.<ref name="ref1412">Ифтитоҳи маркази саломатӣ дар ноҳияи Ванҷ // АМИТ «Ховар», сентябри 2015. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар доираи барномаи миллии рушди инфрасохтори тиббӣ, соли 2025 сохтмони бинои нави Беморхонаи марказӣ барои 120 кат бо арзиши 114 миллион сомонӣ оғоз гардид.<ref name="ref1422">Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Ванҷ // Президенти Тоҷикистон, 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Барои ҳалли норасоии кадрҳо, тайи давраи соҳибистиқлолӣ 142 нафар хатмкунандаи ноҳияи Ванҷ дар муассисаҳои олии тиббии ҷумҳурӣ (пеш аз ҳама Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино) таҳсил кардаанд, ки аз ин шумора 40 нафар тавассути квотаи президентӣ буда, соли 2025 боз 22 нафари дигар ба ҳамин квота фаро гирифта шуданд.<ref name="ref1422" /> Барномаи ''«Корвони саломатӣ»''-и Вазорати тандурустӣ низ борҳо ба Ванҷ ташриф оварда, ба табибони маҳаллӣ таҷрибаандӯзӣ фароҳам овардааст.<ref name="ref1432">«Корвони саломатӣ». Сокинони ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ бо хизматрасонии ройгони тиббӣ фаро гирифта шуданд // АМИТ «Ховар», майи 2022. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Бо сабаби баландкӯҳ будани минтақа, Ванҷ таърихан ба минтақаҳои паҳншавии бемории ҷоғвар (норасоии йод) мансуб буд; тибқи маълумоти таҳлилӣ, дар натиҷаи стратегияи миллии йодизатсияи намак сатҳи паҳншавии ин беморӣ дар давраи солҳои 2019-2023 то 72 фоиз коҳиш ёфтааст.<ref name="ref1442">Авҷи Зуҳал, № 2, 2025.</ref> Бо назардошти сатҳи баланди муҳоҷирати меҳнатии сокинони ноҳия, маркази маҳаллии мубориза бар зидди ВНМО (ВИЧ) корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни ҷавонон пайваста мегузаронад.<ref name="ref1402" /> Дар давраи пандемияи [[COVID-19]] Беморхонаи марказии Ванҷ шуъбаи бемориҳои сироятиро ба реҷаи фавқулодда гузаронид, ва моҳи июни соли 2020 тибқи барномаи дастгирии [[Иттиҳоди Аврупо]] ба ин муассиса таҷҳизоти муҳофизати инфиродӣ (PPE) расонида шуд.<ref name="ref1452">EU timeframe for PPE distribution // Хадамоти амали берунии Иттиҳоди Аврупо (EEAS), июни 2020. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Беморхонаи марказӣ соли 2014 пурра ба низоми гармкунии барқӣ (аз ҳисоби неругоҳҳои хурди барқи обӣ) гузашт, ҳарчанд барои ҳолатҳои фавқулодда ҳарсола захираи эҳтиётии сӯзишворӣ нигоҳ дошта мешавад.<ref name="ref1462">Беморхонаи Ванҷ ба низоми гармкунии барқӣ гузашт // АМИТ «Ховар», январи 2014. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Тибқи санҷиши Агентии амнияти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳо (июли 2024), Беморхонаи марказии Ванҷ талаботи қонунгузории бехатарии радиатсиониро пурра риоя намуда, дараҷаи хатари фаъолияти он ''«паст»'' арзёбӣ шудааст.<ref name="ref1472">[https://cbrn.tj/ Феҳристи Агентии амнияти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ (cbrn.tj)]. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Варзиш ==
Ванҷ аз даврони қадим бо гуштигирони номвари худ шуҳратёр буд. Номи паҳлавонони ванҷӣ – Амонат, Сулаймон, Дилдор, Хушдил, Худоӣ, Ҳиммат, Ш. Дилов, Алифбек ва дигарон то кунун ба некӣ ёд мешавад ва қиссаҳои майдондориашон ҳанӯз вирди забони хосу ом аст. Соли 2024 гӯштини миллии тоҷикӣ ([[гӯштингирӣ]]) дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта шуда, мақоми расман байналмилалӣ касб кард; шумораи мусобиқаҳои ин намуди варзиш дар саросари ҷумҳурӣ аз 485 адад дар соли 2020 то тақрибан 4000 адад дар соли 2022 афзудааст.<ref name="ref1482">[https://mfa.tj/tg/brussels/view/12033/gushtini-tojiki-maqomi-bainalmilali-girift Гӯштини тоҷикӣ мақоми байналмилалӣ гирифт] // Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Паҳлавони ванҷӣ [[Шакармамад Мирмамадов]], ки дар якчанд намуди варзиш (ҷудо, кураш, гӯштингирӣ) рақобат мекунад, яке аз муваффақтарин варзишгарони вазни сангини Тоҷикистон дар даҳсолаи охир аст: соҳиби медали биринҷии Бозиҳои XVIII осиёии соли 2018 дар Ҷакарта (ҷудо, +100 кг),<ref name="ref1492">Бозиҳои XVIII осиёӣ: Шакармамад ҳам соҳиби медали биринҷӣ гардид // Радиои Озодӣ. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> медали тиллои Чемпионати 13-уми Осиё оид ба кураш дар Теҳрон (июни 2024)<ref name="ref1502">Шакармамад Мирмамадов қаҳрамони Осиё оид ба кураш // Варзиш ТВ. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> ва медали тиллои Нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ дар Душанбе (28-31 августи 2024, бо иштироки беш аз 200 варзишгар аз 63 давлат) гардид.<ref name="ref1512">Варзишгари тоҷик Шакармамад Мирмамадов дар нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ медали тилло ба даст овард // АМИТ «Ховар», августи 2024. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар мусобиқаҳои Наврӯзии байналмилалӣ дар Хоруғ (марти 2025) ва Рашт (апрели 2026) низ ғолиб омада, ҳарду бор соҳиби автомобил гардид.<ref name="ref1100" /><ref name="ref1522">[https://khovar.tj/2026/04/mu-ammadin-shodmon-far-od-va-shakarmamad-so-ibi-sho-oiza-oi-musobi-ai-g-shtini-millii-no-iyai-rasht-shudand/ Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд] // АМИТ «Ховар», 15 апрели 2026. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
25 марти соли 2020 дар ҷамоати деҳоти Язғулом бахшида ба Наврӯз мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ баргузор гардид, ки дар он беш аз 300 нафар паҳлавон на танҳо аз Ванҷ, балки аз Душанбе, [[Бохтар]], Кӯлобу Хоруғ ва ноҳияҳои Дарвозу Рӯшон иштирок карданд.<ref name="ref1100" />
Дар ноҳия беш аз 40 иншооти варзишӣ мавҷуд аст. 25 июни соли 2025 дар деҳаи Убари Даргов толори варзишӣ бо масоҳати умумии 615 м², иборат аз толори асосӣ, толори тенниси рӯи миз ва ҳуҷраҳои ёрирасон, ба истифода дода шуд.<ref name="ref1242" /><ref name="ref1532">Ифтитоҳи толори варзишӣ дар деҳаи Убари Даргови ноҳияи Ванҷ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref> Ҳамчунин, 15 ноябри соли 2025, дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар деҳаи Андарбоғи ҷамоати Язғулом толори варзишии замонавӣ, ки бо маблағи 480 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст, ба истифода дода шуд.<ref name="ref1410" /> Пеш аз ин, 11 сентябри соли 2018 бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамин ҷамоати Язғулом низ як толори варзишӣ ба истифода дода шуда буд.<ref name="ref1510" />
Ба ғайр аз гӯштин, дар солҳои охир [[волейбол]] низ дар ноҳия рушд кардааст: дар мусобиқаи маҳаллӣ 7 дастаи волейболи ҷавонон иштирок доранд, ва дастаи ноҳияи Ванҷ дар Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявии волейбол дар ноҳияи Восеъ дар қатори дастаҳои пуриқтидоре чун ''«Регар ТадАЗ»'' ва дастаи шаҳри Душанбе иштирок карда, рақобати арзанда нишон додааст.<ref name="ref1542">[https://khovar.tj/2025/06/regar-tadaz-dar-musobi-a-oid-ba-volejbol-dar-no-iyai-vose-sazovori-sho-oiza-gardid/ «Регар ТадАЗ» дар мусобиқа оид ба волейбол дар ноҳияи Восеъ сазовори Шоҳҷоиза гардид] // АМИТ «Ховар», июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар Бозиҳои осиёии соли 2018, ки [[самбо]] бори аввал ба барномаи он дохил шуда буд, Тоҷикистонро дар қатори дигарон ду варзишгари ҷавон – Ҷомии Ҳасанӣ ва Сомон Сангов – намояндагӣ карданд.<ref name="ref1492" />
== Шахсиятҳои маъруф ==
[[Мулло Муҳаммадёри Ванҷӣ]] (машҳур ба Мулло Ёр) – шоири маъруфи мардумии тоҷик, зодаи деҳаи Ғумаяки водии Ванҷ; мероси ӯ то имрӯз дар байни мардуми кӯҳистони тоҷик маҳбубият дорад.<ref name="ref210" />
=== Илмҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ ===
Раҳим Масов (16 ноябри 1939, деҳаи Мудеҳарви ноҳияи Ванҷ – 21 июни 2018, Душанбе) – таърихшиноси барҷастаи тоҷик, доктори илмҳои таърих, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон; солҳои 1988–2015 директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш.<ref name="ref1552">[https://khovar.tj/rus/2022/11/akademik-rahim-masov-zhizn-posvyashhennaya-otstaivaniyu-natsionalnyh-interesov-tadzhikistana-segodnya-velikomu-uchenomu-ispolnilos-by-83-goda/ Академик Рахим Масов: жизнь, посвящённая отстаиванию национальных интересов Таджикистана] (рус.) // НИАТ «Ховар», 16 ноябри 2022. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="ref1562">[https://asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/society/20180621/segodnya-v-dushanbe-skonchalsya-akademik-rahim-masov Сегодня в Душанбе скончался академик Рахим Масов] (рус.) // Азия-Плюс, 21 июни 2018. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Ҳайдаршо Пирумшоев (таваллуд 30 декабри 1944, ноҳияи Ванҷ) – таърихшинос, доктори илмҳои таърих, профессор; муаллифи асарҳои ''«Ванҷ»'' (М., 2004), ''«Ванҷи ману ганҷи ман»'' (Душанбе, 2013) ва таҳқиқоти сершумор оид ба таърихи Бадахшону Помир.<ref name="ref1572">[https://asiaplustj.info/tj/node/356410 Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо... 30 декабри соли 2025] // Asia-Plus. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
[[Комил Бекзода]] (Беков Комилҷон; таваллуд 9 январи 1945, деҳаи Узбайи ноҳияи Ванҷ) – файласуфи тоҷик, доктори илмҳои фалсафа.<ref name="ref1582">[https://www.ozodi.org/a/600091.html Комил Бекзода Наврузро ҷашни орзуҳо медонад - Радиои Озодӣ]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Хатмкардаи шуъбаи забони арабии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1967), беш аз ҳафт сол дар Миср ва Яман ба ҳайси тарҷумон кору фаъолият намуд.<ref name="ref1592">[https://kmt.tj/komil-bekzoda-fajlasufe-bo-andeshai-milly/ Комил Бекзода – файласуфе бо андешаи миллӣ - Китобхонаи миллии Тоҷикистон]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Соли 1988 рисолаи номзадӣ дар мавзӯи «Муҳаммади Шаҳристонӣ – муаррихи дин ва фалсафа» ва соли 2019 рисолаи доктории худро таҳти унвони «Нақши шуубия дар таърихи худшиносии халқи тоҷик» ҳимоя намуд.<ref name="ref1592" />
Авсамад (Абдусамад) Ҳайдаров (таваллуд 1 октябри 1961, деҳаи Бунайи ноҳияи Ванҷ) – забоншинос ва педагог, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент.<ref name="ref1602">[[Авсамад Ҳайдаров|Авсамад Ҳайдаров — Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Хатмкардаи факултети шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1986), солҳои 1986–1988 дар ҳайати қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон хидмат кард.<ref name="ref1602" /> Соли 2012 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи ислоҳоти маорифи Аҳмади Дониш дифоъ намуд ва соли 2019 китоби ''«Фарҳанги тафсирии мухтасари луғоти шеваи ҷанубу шарқии забони тоҷикӣ»''-ро таълиф кард, ки дар он, аз ҷумла, этимологияи вожаи «Ванҷ» таҳлил шудааст.<ref name="ref1010" /><ref name="ref1602" />
{| class="wikitable"
!'''Ҷадвали 6. Намояндагони барҷастаи илмҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ аз ноҳияи Ванҷ'''
|-
|'''Ному насаб'''
|'''Соҳаи фаъолият'''
|'''Асарҳо ва дастовардҳои калидӣ'''
|'''Унвони илмӣ / Мақом'''
|-
|Раҳим Масов
|Таърихнигорӣ
|Таҳқиқи тақсимоти ҳудудии миллӣ дар Осиёи Миёна
|Академик, директори Институти таърих (1988–2015)
|-
|Ҳайдаршо Пирумшоев
|Таърихнигорӣ
|''«Ванҷ»'' (2004), ''«Ванҷи ману ганҷи ман»'' (2013)
|Доктори илмҳои таърих, профессор
|-
|Авсамад Ҳайдаров
|Педагогика, забоншиносӣ
|Таҳқиқи афкори Аҳмади Дониш, ''«Фарҳанги тафсирии мухтасари луғот...»''
|Номзади илмҳои педагогӣ, дотсент
|}
=== Илмҳои табиатшиносӣ ===
Кабут Вазиров (15 ноябри 1938 – 13 июли 2019) – муҳандис-геолог, номзади илмҳои геология ва минералогия (1975), профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои муҳандисии Тоҷикистон (2003).<ref name="ref1612">[[Кабут Вазиров|Кабут Вазиров — Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Зодаи ноҳияи Ванҷ, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1961), муаллифи зиёда аз 400 мақолаи илмию методӣ, 4 китоби дарсӣ ва 3 монография оид ба сарватҳои зеризаминии Тоҷикистон.<ref name="ref1612" /> Пас аз даргузашти ӯ хонаводааш 638 нусха китоб аз китобхонаи шахсиаш ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон тақдим намуданд.<ref name="ref1622">[http://old.kmt.tj/beshtar-az-600-kitobi-kabut-vazirov-ba-kitobhonai-milli-takdim-shud Бештар аз 600 китоби Кабут Вазиров ба Китобхонаи миллӣ тақдим шуд]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
Саид Савлатов (таваллуд 17 майи 1940, деҳаи Чихохи ноҳияи Ванҷ) – биолог, дотсент, номзади илмҳои биологӣ (1972).<ref name="ref1632">[[Саид Савлатов|Саид Савлатов — Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Таҳқиқоти ӯ ба масъалаҳои растанипарварӣ, ҳашаротшиносӣ ва меросгузории аломатҳо дар наслҳои гибридии пахта бахшида шудаанд; солҳои 1984–1989 мудири кафедраи зоологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ буд ва бо нишони «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (1984) сарфароз гардидааст.<ref name="ref1632" />
=== Адабиёт ва рӯзноманигорӣ ===
Дар марҳилаи адабиёти шӯравӣ ва пасошӯравӣ, Басир Расо (13 июли 1931 – 11 июли 2010), зодаи деҳаи Водхуд, ба яке аз чеҳраҳои шинохтаи адабиёти танзу ҳаҷви тоҷик табдил ёфт; дар кӯдакӣ тарбиятгирандаи хонаи бачагон буд ва дар ансамбли этнографии бачагонаи Помир иштирок мекард, ва фаъолияти меҳнатии худро солҳои 1948–1949 ба ҳайси пионервожатӣ оғоз намуд.<ref name="ref1910" /><ref name="ref1642">[https://navisandagan.tj/tj/%D1%80%D0%B0%D1%81%D0%BE-%D0%B1%D0%B0%D1%81%D0%B8%D1%80/ РАСО БАСИР - ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref><ref name="ref1652">[[Басир Расо|Басир Расо — Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Пас аз хатми факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1956), фаъолияти рӯзноманигории худро дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» ва маҷаллаи «Хорпуштак» оғоз намуд ва аз соли 1964 то охири умраш – беш аз чиҳил сол – сармуҳаррири маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» боқӣ монд.<ref name="ref1662">[https://www.ozodi.org/a/2097189.html Даргузашти сардабири "Хорпуштак" - Радиои Озодӣ]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref><ref name="ref1642" /> Маҷмӯаҳои ашъори ӯ, аз қабили ''«Дар боргоҳи нур»'', ''«Нидои дӯст»'' ва ''«Баҳори орзӯ»'', ба жанри ғазал ва шеъри лирикӣ низ тааллуқ доранд; ӯ дорои унвони «Ходими шоистаи маданияти Тоҷикистон» буд.<ref name="ref1652" />
Дар соҳаи журналистикаи муосир ва таҳлилӣ, рӯзноманигори собиқадор Аслам Додихудоев (1946–2023) нақши босазо дошт ва дар инкишофи матбуоти даврӣ ва мактаби журналистикаи таҳлилии кишвар саҳм гузоштааст.<ref name="ref1672">[[:ru:Додихудоев|Додихудоев - Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Тибқи феҳристи категорияи «Зодагони ноҳияи Ванҷ»-и Википедияи тоҷикӣ, дигар аҳли қалам ва рӯзноманигорони зодаи ин ноҳия – аз ҷумла Хилватшоҳи Маҳмуд, Бурҳон Раҳмон, Наврӯз Гулзода ва Насрин Идибеков – низ дар ғанигардонии фазои адабӣ ва иттилоотии кишвар саҳм доранд.<ref name="ref1682">[[:Гурӯҳ:Зодагони ноҳияи Ванҷ|Гурӯҳ:Зодагони ноҳияи Ванҷ — Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
=== Санъати тасвирӣ ва мусиқӣ ===
Анваршо Сайфиддинов, Арбоби ҳунар ва Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон, аз соли 1984 узви Иттифоқи рассомони собиқ ИҶШС буда, дар доираҳои ҳунарӣ ба унвони ғайрирасмии «Шоҳи рангҳо» маъруф аст.<ref name="ref1692">[https://farah-info.com/habari-ruz/nigohi-purasrori-anvarsho-sajfiddinov-ba-gety/ Нигоҳи пурасрори Анваршо Сайфиддинов ба гетӣ - Асосӣ - Фараҳ]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Осори ӯ – аз наққошӣ то санъати монументалӣ – рамзҳои фарҳанги бостонии тоҷиконро бо услубҳои муосир омезиш медиҳад; намунаҳои эҷодиёташ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва коллексияҳои Русия, Аврупо ва Осиё маҳфузанд, ва ӯ ҳамчун омӯзгор дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов фаъолият дорад.<ref name="ref1692" /> Дар соҳаи санъати амалӣ, устод Маҳмадкарим Рақибов, омӯзгори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва нақшҳои миллӣ фаъолият мебарад.<ref name="ref1702">[https://ddstdt.tj/10524-2/ МУСАВВИР - Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Дар соҳаи санъати овозхонӣ, Нуқраи Суннатниё низ ҳамчун яке аз хонандагони шинохтаи зодаи ноҳия ном бурда мешавад.<ref name="ref1682" />
=== Идоракунии давлатӣ ва сиёсат ===
Қодири Қосим (таваллуд 9 апрели 1961, ноҳияи Ванҷ) – ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон.<ref name="ref1712">Председатель Федерации независимых профсоюзов Таджикистана Кодири Косим выдвинут кандидатом в депутаты Маджлиси намояндагон (рус.) // НИАТ «Ховар», январи 2020. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Маҳмадулло Абдуллоев роҳбарии ноҳияи Ванҷро зиёда аз 20 сол (тахминан солҳои 1980-ум) ба ҳайси котиби якум бар ӯҳда дошт; таҳти роҳбарии ӯ соли 1984 нахустин корхонаи истеҳсоли санги мармар дар Бадахшон ба кор даромад ва боғдории минтақа (аз ҷумла парвариши чормағз дар мавзеи «Ҷангали Зуго» ва навъҳои гуногуни тут) рушд ёфт.<ref name="ref1722">[[Деҳоти Маҳмадулло Абдуллоев|Деҳоти Маҳмадулло Абдуллоев — Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Ба ифтихори ин хидматҳо, ҷамоати марказии ноҳия (собиқ ҷамоати Ванҷ) расман ба номи Маҳмадулло Абдуллоев номгузорӣ шудааст.<ref name="ref1732">[[:ru:Махмадулло_Абдуллоев_(джамоат)|Махмадулло Абдуллоев (джамоат) - Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
Ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992–1997 ба ҷомеаи зиёии Ванҷ низ талафоти вазнин овард: тибқи феҳристи қурбониён ва бедарак гумшудагони даврони ҷанг, ашхосе чун Қурбонназар Халифаев (соли таваллуд 1967, муаллим), Қурбон Абдуллоев (соли таваллуд 1938) ва Муҳаммадӣ Назарихудоев (соли таваллуд 1955, мудири шуъбаи комиҷроияи ноҳияи Ҷилликӯл) дар байни бедарак гумшудагону кушташудагони ин давра ёд мешаванд.<ref name="ref1742">[https://www.ozodi.org/a/31911429.html Рӯйхат. Номи гуруҳе аз қурбониён ва гумшудаҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
{| class="wikitable"
!'''Ҷадвали 8. Намояндагони идоракунии давлатӣ ва ниҳодҳои ҷамъиятӣ аз ноҳияи Ванҷ'''
|-
|'''Ному насаб'''
|'''Давраи фаъолият'''
|'''Вазифа ва саҳми асосӣ'''
|-
|Маҳмадулло Абдуллоев
|Солҳои 1980-ум
|Роҳбари ноҳия (>20 сол), бунёди корхонаи мармар (1984), рушди боғдории саноатӣ
|-
|Қодири Қосим
|Давраи муосир
|Ходими давлатӣ, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил
|}
=== Варзиш ===
Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ [[Мурувватшо Бачабеков]] (1 майи 1944 – 9 сентябри 2023, деҳаи Баравни ҷамоати Водхуд) – бунёдгузори мактаби муосири гӯштини Ванҷ; солҳои 1972–1994 устоди кафедраи тарбияи ҷисмонии Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) буд.<ref name="ref1752">[https://www.bomdod.com/2023/09/12/ustodi-pahlavononi-vanj-muruvvatsho-bachabekov-az-dunyo-raft/ Устоди паҳлавонони Ванҷ Мурувватшо Бачабеков аз дунё рафт] // Бомдод, 12 сентябри 2023. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Маҳмадшариф Сулаймонов (зодаи деҳаи Рованд) – устоди дигари варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ дар гӯштини миллӣ, ки зиёда аз панҷоҳ сол дар майдони паҳлавонӣ фаъолият дорад.<ref name="ref1762">Суфраи паҳлавонӣ // Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Носир Хусравов (1958 – 9 январи 2024), хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, мураббии варзидаи гӯштини миллӣ ва самбо буд; ҳамчун мудири мактаби варзишии ноҳияи Ванҷ ва сармураббии дастаи мунтахаби самбои ВМКБ даҳҳо варзишгари сатҳи байналмилалиро тарбия кардааст.<ref name="ref1772">[https://www.ozodi.org/a/32767418.html Падари ҷаҳонпаҳлавон Хушқадам Хусравов даргузашт - Радиои Озодӣ]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
Хушқадам Хусравов (таваллуд 1 январи 1993, деҳаи Рохарв), писар ва шогирди Носир Хусравов, дар вазни 62 кг оид ба самбо рақобат мекунад.<ref name="ref1782">[[:en:Khushqadam_Khusravov|Khushqadam Khusravov - Wikipedia]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Соли 2013 ӯ қаҳрамони ҷаҳон байни ҷавонон гардид, соли 2014 дар Тошканд қаҳрамони Осиё шуд ва соли 2018 дар Бухарести Руминия унвони қаҳрамони ҷаҳон оид ба самборо ба даст овард.<ref name="ref1792">[https://khovar.tj/2015/03/medali-tilloi-hush-1179-adam-husravov-dar-1206-omi-1207-a-1203-onii-sambo/ Медали тиллои Хушқадам Хусравов дар Ҷоми ҷаҳонии самбо | АМИТ "Ховар"]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref><ref name="ref1802">[[Хушқадам Хусравов|Хушқадам Хусравов — Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
Дастоварди олимпии таърихиро Сомон Маҳмадбеков (таваллуд 24 марти 1999, Иркутск, Русия) ба даст овард; вай дар хонаводаи тоҷикони муҳоҷир, зодагони ноҳияи Ванҷ (Моёншоҳ Маҳмадбеков ва Ҷамила Парвонаева), ба дунё омадааст. Дар Бозиҳои олимпии Париж (2024) ӯ барандаи медали биринҷӣ дар намуди ҷудо гардид.<ref name="ref1812">[https://www.bomdod.com/2024/07/31/nahustin-medali-tojikiston-dar-bozihoi-olimpii-poris-ofarinat-supersomon/ НАХУСТИН МЕДАЛИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПОРИС. ОФАРИНАТ, СУПЕРСОМОН! - Пойгоҳи хабарии "Бомдод"]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
Дар деҳаи Вишхарвак муаллими мактаб Рамазон Синонов барои наҷоти як наврас бо хирси ваҳшӣ дастбагиребон шуда, онро мағлуб кард – ҳодисае, ки дар матбуоти маҳаллӣ ҳамчун намунаи паҳлавонии ғайривaрзишии сокинони Ванҷ инъикос ёфт.<ref name="ref1822">[https://www.bomdod.com/2021/10/21/muallimi-pahlavoni-vanji-hirsro-haluk-andohtu-ba-zamin-afkand/ МУАЛЛИМИ ПАҲЛАВОНИ ВАНҶӢ ХИРСРО ҲАЛУК АНДОХТУ БА ЗАМИН АФКАНД]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
{| class="wikitable"
!'''Ҷадвали 7. Натиҷаҳои барҷастаи варзишгарони мактаби Ванҷ дар сатҳи байналмилалӣ'''
|-
|'''Варзишгар'''
|'''Намуди варзиш'''
|'''Унвон ва мусобиқа'''
|'''Дастовард'''
|-
|Сомон Маҳмадбеков
|Ҷудо
|Бозиҳои олимпӣ (2024, Париж, Фаронса)
|Медали биринҷӣ
|-
|Хушқадам Хусравов
|Самбо
|Чемпионати ҷаҳон (2018, Бухарест, Руминия)
|Медали тилло
|-
|Хушқадам Хусравов
|Самбо
|Чемпионати Осиё (2014, Тошканд, Ӯзбекистон)
|Медали тилло
|-
|Шакармамад Мирмамадов
|Гӯштингирӣ
|Чемпионати ҷаҳон (2024, Душанбе, Тоҷикистон)
|Медали тилло
|-
|Шакармамад Мирмамадов
|Ҷудо
|Бозиҳои осиёӣ (2018, Ҷакарта, Индонезия)
|Медали биринҷӣ
|-
|Шакармамад Мирмамадов
|Кураш
|Чемпионати Осиё (2024, Теҳрон, Эрон)
|Медали тилло
|}
=== Соҳибкории иҷтимоӣ ва диаспора ===
Баҳор Мирзоев, зодаи деҳаи Бунайи ҷамоати Ҷовидон, дар доираи солҳои 2019–2021 аз пасандозҳои шахсии худ 140 ҳазор сомонӣ барои сохтани пули пиёдагузари замонавӣ болои дарёчаи кӯҳии Даргов (тақрибан 35 метр дарозӣ) сарф намуд, ки барои чор нафар сокинони маҳаллии баргашта аз муҳоҷират ҷойи кори муваққатӣ фароҳам овард.<ref name="ref1832">[https://migration.tj/%D1%81%D0%BE%D2%B3%D0%B8%D0%B1%D0%BA%D0%BE%D1%80%D3%A3-%D0%B2%D0%B0%D0%BD%D2%B7%D3%A3-%D0%BF%D1%83%D0%BB%D0%B8-%D0%BF%D0%B8%D1%91%D0%B4%D0%B0%D0%B3%D1%83%D0%B7%D0%B0%D1%80-%D0%BC%D0%B5%D1%81%D0%BE/ Соҳибкорӣ Ванҷӣ пули пиёдагузар месозад - Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
Марҳум Эҳсоншо Мунавваров ва Моёншо Маҳмадбеков ҳамчун тоҷирони шинохта дар Федератсияи Русия, ҳамчун мададрасон ва пуштибони иҷтимоии диаспораи тоҷикони ноҳияи Ванҷ дар хориҷ аз кишвар эътироф шудаанд.<ref name="ref1842">[https://pressa.tj/so%D2%B3ibkori-muvaffa%D2%9Bi-van%D2%B7%D3%A3-dar-rusiya-darguzasht/ Соҳибкори муваффақи ванҷӣ дар Русия даргузашт - Pressa.tj]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
Тибқи феҳристи категорияи «Зодагони ноҳияи Ванҷ»-и Википедияи тоҷикӣ, дар қатори шахсиятҳои маъруфи соҳаҳои гуногун инчунин метавон аз Мадатбек Тоҷибеков, Меҳровар Ғайратов, Муриват Бекназаров, Саломи Нуриёни Баравнӣ, Саттор Қувватов, Сафина Иронова, Толиббек Бухориев, Тоҳир Гулов, Шумқор Одинабеков, Ғайратшо Роҳатов ва Қобиламоҳ Баротова ном бурд, ки ҳар кадоме дар рушди бахшҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар саҳм доранд.<ref name="ref1682" />
== Ҳукумат ==
Сарвари ноҳияи Ванҷ Раиси ноҳия аст, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мегардад.<ref name="ref310" /> Ниҳоди намояндагии ноҳия – Маҷлиси вакилони халқ мебошад, ки аз тарафи мардуми ноҳия ба муддати 5 сол интихоб мешавад.<ref name="ref310" />
Раисони ноҳия дар тӯли фаъолияти маъмурии он борҳо иваз шудаанд; барои мисол, 17 ноябри соли 2021 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷабори Қосим аз мансаби раиси ноҳияи Ванҷ озод карда шуда, ба ҷои ӯ Мардзода Одинашо Миршаб ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия таъин гардид.<ref name="ref1852">[https://sputnik.tj/20211117/barkanori-jabbori-qosim-nazarshozoda-vanj-roshtqala-1043601608.html Раисони Ванҷу Роштқалъа барканор шуданд: раҳбарони нав киянд?] // Sputnik Тоҷикистон, 17 ноябри 2021. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Эзоҳ ==
{{Reflist|30em}}
== Манобеъ ==
* Андреев М. С. Выработка железа в долине Ванча (верховья Аму-Дарьи). – Ташкент, 1926.
* Арандаренко Г. А. Дарваз и Каратегин // Военный сборник. – 1883. – № 11–12.
* Бубнова М. А. Горно-Бадахшанская автономная область. Западный Памир (памятники каменного века – XX в.). – Душанбе, 2008. – (Археологическая карта Таджикистана).
* Бурхан-уд-Дин-хан Кушкеки. Путеводитель по Каттагану и Бадахшану. – Ташкент, 1926.
* Гамильтон А. Афганистан / пер. С. П. Голубинова. – СПб., 1908.
* Гулшанӣ. Таърихи ҳумоюн. – Душанбе, 2006.
* Искандаров Б. И. Восточная Бухара и Памир во второй половине XIX в. Ч. 1-2. – Душанбе, 1962-1963.
* Кисляков Н. А. Калым и приданое у таджиков // Сборник статей по истории и филологии народов Средней Азии, посвящённый 80-летию со дня рождения А. А. Семенова. – Сталинабад, 1953.
* Крыленко Н. В., Щербаков Д. И., Марков К. К. Пять лет по Памиру (Итоги памирских экспедиций 1928, 1929, 1931, 1932, 1933 гг.). – Москва–Ленинград: Издательство Академии наук СССР, 1935.
* Камалиддинов Ш. С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX – начала XIII вв. – Ташкент, 1996.
* Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). – Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893.
* Лашкарбеков Б. Б. Старованджский язык (vanǰivor) // Основы иранского языкознания: Среднеиранские и новоиранские языки / под ред. В. А. Ефимова. – М.: Восточная литература, 2008. – С. 61-109.
* Масов Р. М. К истории Ванчской долины // Мероси ниёгон. – Душанбе, 1999. – № 4. – С. 20-30.
* Мушкетов Д. И. Рохаръ (Кала-и-Ванчъ). – Петроградъ: Типографія М. М. Стасюлевича, 1916. – (Отдѣльный оттискъ изъ тома LII (1916 г.) Извѣстій Императорскаго Русскаго Географическаго Общества № 876).
* Пирумшоев Ҳ. Ванҷ. – М., 2004.
* Пирумшоев Ҳ., Зафаров А. Ванҷи ману ганҷи ман (очерки таърихӣ). – Душанбе, 2013.
* Постников А. В. Схватка на «Крыше Мира»: политики, разведчики и географы в борьбе за Памир в XIX веке. – М.: Памятники исторической мысли, 2001. – ISBN 5-88451-100-0.
* Розенфельд А. З. Ванджские говоры таджикского языка / ЛГУ им. А. А. Жданова. – Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. – 151 с.
* Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. – М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903.
* Снесарев А. Е. Восточная Бухара (военно-географический очерк) // Сборник географических, топографических и статистических материалов по Азии. Вып. LXXIX. – СПб.: Военная типография, 1906.
* Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. – Душанбе: СИЭМТ, 2013.
* Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 3. – Душанбе, 2014.
* Эдельман Д. И. Язгулямский язык. – М.: Наука, 1966.
* Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. – М.: Наука (ГРВЛ), 1975. – С. 41-62.
* Языки мира: Иранские языки. III. Восточноиранские языки. – М.: Индрик, 2000.
* Юхновский И. Нѣсколько словъ объ условіяхъ жизни въ горахъ Дарваза и въ долинѣ рѣки Ванча // Туркестанские Ведомости. – 1894. – № 65. – С. 64–65.
* Moseley Chr. (ed.) Atlas of the World's Languages in Danger. – 3rd ed. – Paris: UNESCO Publishing, 2010.
* Paul D., Abbess E., Müller K., Tiessen C., Tiessen G. Language Access and Tajik Language Proficiency among the Yazghulami of Tajikistan. – SIL International, 2010.
== Пайвандҳо ==
* [https://www.vanjiman.com/ Сомонаи vanjiman.com]
* [https://vanj.info/ Торнамои Ванҷ (vanj.info)]
* [http://badakhshon.tj/?page_id=11224 Саҳифаи ноҳияи Ванҷ дар сомонаи расмии ВМКБ]
* [[c:Category:Vanj_District|Парвандаҳо дар Викианбор (Vanj District)]]
{{тоҷикистон-ҷуғ-нопурра}}
{{Тақсимоти маъмурии ВМКБ}}
{{Ноҳияи_Ванҷ}}
[[Гурӯҳ:Ноҳияҳои Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]]
[[Гурӯҳ:Ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]]
[[Гурӯҳ:Ноҳияи Ванҷ]]
c7xn80dzbapave5a9hrdh2d5q32hblo
1482039
1482038
2026-07-26T05:49:53Z
Firdavsi
3353
1482039
wikitext
text/x-wiki
{{ВМ
| Ранг1 = #A5D570
| Номи тоҷикӣ =
| Номи аслӣ = Ноҳияи Ванҷ
| Нишон =
| Парчам =
| Бари нишон =
| Бари парчам =
| Тавсифи нишон =
| Тавсифи парчам =
| Кишвар = [[Тоҷикистон]]
| lat_dir = N
| lat_deg = 38
| lat_min = 22
| lat_sec = 23
| lon_dir = E
| lon_deg = 71
| lon_min = 27
| lon_sec = 19
| region = TJ
| type = District
| Дараҷа =
| CoordScale =
| Суруди миллӣ =
| Мақом = Ноҳияи маъмурӣ
| Тобеъи = [[Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]]
| Шомили = 1 шаҳрак, 6 ҷамоат
| Пойтахт = [[Ванҷ (шаҳрак)|Ванҷ]]
| Шаҳри бузургтарин =
| Шаҳрҳои бузургтарин =
| Таъсис = [[29 май|29 маи]] [[1933]]
| Барҳамхӯрӣ =
| Номҳои пешина =
| Раис = Мардзода Одинашо Миршаб (аз 2022)<ref>{{Cite web|url=http://www.adlia.tj/show_doc.fwx?Rgn=143911|title=Указ Президента Республики Таджикистан от 1 декабря 2022 года №480 "О назначении Мардзода О.М. председателем Ванчского района Горно-Бадахшанской автономной области"|website=www.adlia.tj|accessdate=2023-01-04|archivedate=2024-12-09|archiveurl=https://web.archive.org/web/20241209162237/http://adlia.tj/show_doc.fwx?Rgn=143911}}</ref>
| Шакли роҳбарӣ = Раиси ноҳия
| Раис2 =
| Шакли роҳбарӣ2 =
| Раис3 =
| Шакли роҳбарӣ3 =
| ММД =
| Соли ММД =
| Ҷой аз рӯи ММД =
| ММД ба сари аҳолӣ =
| Ҷой аз рӯи ММД ба сари аҳолӣ =
| Забон =
| Забонҳо = [[Забони тоҷикӣ|тоҷикӣ]], [[Забонҳои бадахшонӣ]] — [[Забони язғуломӣ|язғуломӣ]]
| Аҳолӣ = 35 400
| Соли барӯйхатгирӣ = 2024
| Фоиз аз аҳолӣ = 4,8
| Ҷой аз рӯи аҳолӣ =
| Баҳодиҳии аҳолӣ =
| Соли баҳодиҳӣ =
| Зичӣ = 7,7
| Ҷой аз рӯи зичӣ =
| Ҳайати миллӣ = [[тоҷик]]он
| Ҳайати динӣ = [[мусулмон]], [[суннӣ]], мазҳаби [[ҳанафӣ]]
| Масоҳат = 4430,5
| Фоиз аз масоҳат =
| Ҷой аз рӯи масоҳат =
| Баландии бештарин = 7495
| Баландии миёна = 3000
| Баландии камтарин =
| Харита = Vanj District in Tajikistan.svg
| Андозаи харита =
| Харита2 =
| Минтақаи замонӣ = UTC+5
| Сарвожа = VA
| ISO = TJ.BK.VA
| Шиносаи ададӣ =
| Шакли шиноса =
| Шиносаи ададӣ2 =
| Шакли шиноса2 =
| Шиносаи ададӣ3 =
| Шакли шиноса3 =
| FIPS =
| Коди телефон = +992 3551
| Нишонаи почта = 736300
| Домени интернет = tj
| Коди мошинҳо = 04 TJ
| Вебгоҳ = [[www.vanjiman.com]]
| Гурӯҳ дар Commons = Vanj District
| Эзоҳ =
}}Ноҳияи Ванҷ (форсӣ: ناحیۀ ونج) – минтақаи таърихӣ ва яке аз ноҳияҳои [[Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]], воқеъ дар шимолу ғарби вилоят, дар шарқи [[Ҷумҳурии Тоҷикистон]]. Масоҳаташ 4430,5 км² буда, тибқи омори соли 2024 аҳолияш 35 400 нафарро ташкил медиҳад (зичии аҳолӣ тақрибан 8 нафар дар 1 км²). Ҳамчун воҳиди расмии маъмурию ҳудудӣ 29 майи 1933 таъсис ёфтааст.<ref name="ref1">[https://dic.academic.ru/dic.nsf/ruwiki/1287410 Ванджский район] (рус.) // Словари и энциклопедии на Академике (нусхаи мақолаи Википедиаи русӣ, 2010). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Маркази ноҳия шаҳраки Рохарв (форсӣ: راخرو) аст, ки расман шаҳраки Ванҷ ном дошта, дар харитаҳо низ чунин сабт мешавад, вале дар забони мардум то имрӯз бо номи бостонии худ – Рохарв ёд мегардад; шаҳрак 176 км шимолтар аз шаҳри [[Хоруғ]], дар канораи резишгоҳи рӯди Рохарвоб ба Ванҷоб ҷой дорад.<ref name="ref1" /><ref name="ref2">Ванҷ. Маълумоти ҷуғрофӣ (порча аз китоби Ҳ. Пирумшоев «Ванҷи ман») // Торнамои Ванҷ (vanj.info). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="ref3">н. Ванҷ (www.vanj.tj) // Сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Тибқи анъанаи маҳаллӣ, тамоми рустоҳоеро, ки аз деҳаи Бунай болотар воқеъанд, ''«Ванҷи Боло»'' меноманд; водиҳои поёниро бошад, на ''«Ванҷи Поён»'', балки бо номҳои таърихии худашон – [[Язғулом]], Водхуд ва Пшихарв – ёд мекунанд.<ref name="ref2" /> Дигар шӯроҳои русто, мисли Водхуд, Язғулом, Рованд ва Техарв, ки фарогири чандин деҳаанд, то кунун номҳои таърихии худро нигоҳ доштаанд. Шӯрои рустои Рохарв дар ҳоли ҳозир чун ҷамоати ба номи Маҳмадулло Абдуллоев<ref name="ref4">[https://khovar.tj/2025/06/peshvoi-millat-emomal-ra-mon-dar-no-iyai-van-tolori-varzishiro-iftito-namudand/ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ толори варзиширо ифтитоҳ намуданд] // АМИТ «Ховар», 25 июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> ва шӯрои рустои Жовид феълан дар шакли ҷамоати Ҷовидон номгузорӣ шудаанд.
Қабл аз вуруди [[Артиши Сурх]] ба Ванҷ ва истиқрори низоми шӯравӣ, маркази идории амлокдории Ванҷ дар шаҳраки Рохарв, дар ''«Қалъаи Ванҷ»'' ё ''«Қалъаи Рохарви Ванҷ»'' қарор дошт, ки ҳам қароргоҳи мири Ванҷ ва ҳам маҳалли будубоши гурӯҳаки маҳдуди сипоҳи [[Манғития|манғитиён]] будааст.<ref name="ref5">Мушкетов Д. И. Рохарв (Кала-и Ванч) // Известия Русского географического общества. — Т. 52. — 1916.</ref>
Дарёҳои бузургтарини ноҳия – Ванҷоб, Язғулом ва Панҷ мебошанд. Ду соҳили дарёи Ванҷоб бо дарозии зиёда аз 100 км бахши умдаи ноҳияро ташкил медиҳад.
== Номшиносӣ ==
Дар сарчашмаҳои русӣ ва адабиёти даврони шӯравӣ номи ноҳия дар шаклҳои ''«Ванч»'' ва ''«Вандж»'' омадааст, ки гунаи русишудаи ҷойноми тоҷикии Ванҷ мебошад.<ref name="ref3" />
Дар боби решаи ин ном ақидаҳо мухталифанд. Донишманди тоҷик Гулшанӣ дар китобаш ''«Таърихи ҳумоюн»'', ки соли 1328 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 1910 милодӣ навиштааст, онро табдилёфтаи номи дарёи Панҷ шумурда, дар бораи диёри Ванҷ мегӯяд:
''«Қасабаи Ванҷ ба тарафи шарқии Дарвоз, ба таҳти ақабаи Боми Дунё воқеъ аст ва дар он ҷониб манбаи дарёи Омӯя ва Ҷайҳун ва онро Чашмаи Панҷ мегӯянд, аз қуллаи шомихи кӯҳи Боми Дунё набаъон менамоянд. Аз андак масофат, панҷ чашма ба як ҷо ҷамъ мешавад ва ғарбан ҷараён менамояд ва онро чашмаи Панҷ мегӯянд ва он қасабаро Ванҷ меноманд, ки он муҳаррафи Панҷ аст. Оби аввали наҳри Ҷайҳун ҳамин аст»''.<ref name="ref6">Гулшанӣ. Таърихи ҳумоюн. — Душанбе, 2006. — С. 157.</ref>
Тадқиқоти забоншиносии баъдина ин ривояти халқиро тасдиқ намекунад. Эроншиноси маъруф Д. И. Эделман дар пажӯҳиши бунёдии худ ''«Географические названия Памира»'' (''«Номҳои ҷуғрофии Помир»''), ки соли 1975 дар маҷмуаи ''«Страны и народы Востока»'' ба чоп расидааст, решаи вожаи ''«Ванҷ»''-ро мушаххасан шарҳ намедиҳад, балки онро номи аслии худи водӣ мешуморад, ки номи дарёи Ванҷов (Ванҷ + ''«об»'') низ аз он гирифта шудааст.<ref name="ref7">Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 41–62.</ref> Тибқи мушоҳидаи ӯ, ҳамсоягони язғуломизабони ин водӣ онро на ''«Ванҷ»'', балки ''«Вавз»'' меноманд, ки ин худ далели дигаре бар куҳансолии эҳтимолии ин ном аст.<ref name="ref7" /> Забони куҳани ванҷии аз байнрафта, ки сокинони маҳаллӣ то охири асри XIX бад-он сухан мегуфтанд, ''«ванҷивор»'' (vanǰivor)-аш меномиданд,<ref name="ref8">Лашкарбеков Б. Б. Старованджский язык (vanǰivor) // Основы иранского языкознания: Среднеиранские и новоиранские языки / под ред. В. А. Ефимова. — М.: Восточная литература, 2008. — С. 61–109.</ref> вале дар адабиёти дастрас пажӯҳише, ки решаи номи ''«Ванҷ»''-ро аз вожаҳои ҳамин забон ба даст оварда бошад, ёфт нашуд. Дар маҷмуъ, Эделман хулоса мебарорад, ки аксари номҳои ҷуғрофии [[Помир|Помири]] Ғарбию Ҷанубӣ бо ёрии забонҳои имрӯза шарҳнопазиранд, ки ин аз бостонӣ будани онҳо гувоҳӣ дода, эҳтимоли тааллуқи баъзеи онҳоро ба забонҳои куҳани пешин (субстратӣ) нишон медиҳад.<ref name="ref7" />
Худи Д. И. Эделман дар ҳамин мақола сабаби ин дугонагии номро возеҳтар шарҳ дода, чунин овардааст:
''«Иногда различные названия одного и того же пункта отражают различные исторические обстоятельства. Так, населенный пункт — административный центр Ванча имеет два названия. Первое — официальное, значащееся на картах — «Ванч» является редакцией старого названия находившейся здесь когда-то крепости, которая именовалась просто Кала ('<nowiki/>'''qala'<nowiki/>''') 'крепость' или Кала-и Вандж 'Ванджская крепость'. Второе — название самого кишлака, которое до сих пор остается в обиходе у местного населения и жителей соседних долин — «Рохарв».»''
Тарҷума: ''«Баъзан номҳои мухталифи як маҳал вазъиятҳои гуногуни таърихиро инъикос менамоянд. Чунончи, маҳалли аҳолинишин — маркази маъмурии Ванҷ — ду ном дорад. Аввалин — номи расмӣ, ки дар харитаҳо зикр мешавад, — «Ванҷ» аст, ки таҳрирёфтаи номи қадимии қалъаест мебошад, ки замоне дар ин ҷо буд ва онро танҳо Қалъа ('<nowiki/>'''qala'<nowiki/>''') ё Қалъаи Ванҷ меномиданд. Дуюмин — номи худи русто аст, ки то ҳанӯз дар гуфтугӯи мардуми маҳаллӣ ва сокинони водиҳои ҳамҷавор боқӣ мондааст — «Рохарв».»''.<ref name="ref9">Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 42.</ref>
Бино бар ин, то имрӯз дар илми забоншиносии эронӣ решашиносии қатъӣ ва ба таври васеъ пазируфташудаи вожаи ''«Ванҷ»'' пешниҳод нашудааст: ривояти Гулшанӣ дар боло намунаи анъанаи омиёна ва таърихии маҳаллист, на натиҷаи таҳлили илмии забонӣ. Коршиносон, ин номро қадимӣ мешуморанд ва эҳтимол медиҳанд, ки он ба давраи пеш аз паҳншавии забони тоҷикӣ дар ин минтақа тааллуқ дошта бошад, бидуни он ки то ба ҳол решаи дақиқи онро муайян созанд.
Луғатшиноси тоҷик Абдусамад Ҳайдаров дар ''«Фарҳанги тафсирии мухтасари луғоти шеваи ҷанубу шарқии забони тоҷикӣ»'' (2019) дар бораи вожаи ''«ванҷ»'' маълумоти муфассали фарҳангшиносиро ҷамъбаст намудааст<ref name="ref10">Ҳайдаров А. Фарҳанги тафсирии мухтасари луғоти шеваи ҷанубу шарқии забони тоҷикӣ. — Душанбе: ЭР-Граф, 2019. — С. 14–17.</ref>. Тибқи ин пажӯҳиш, дар фарҳангномаҳои классикии форсиву тоҷикӣ вожаи ''«ван»''/''«ванҷ»'' дар маъноҳои гуногун сабт шудааст: номи деҳае дар Насаф (муарраби ''«вана»'', тибқи ''«Фарҳанги Ананд Роҷ»''); шабеҳу монанд, меваи мағздор, ҷангали пурдарахт ва номи шаҳре (тибқи ''«Бурҳони қотеъ»''); аз забони ҳиндӣ (санскрит) ба маънои ''«ҷангал»'', ''«беша»'' (тибқи ''«Фарҳанги Нафисӣ»''); меваи ба зира монанд бо мағзак ва ташбеҳ (тибқи ''«Ғиёс-ул-луғот»''); ва ниҳоят – ''«гунҷишк»'' (тибқи ''«Туҳфат-ул-аҳбоб»'' ва ''«Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ»''). Гурӯҳи дигари муҳаққиқон, аз ҷумла И. М. Стеблин-Каменский, А. З. Розенфелд, В. Томашек ва А. Д. Девонақулов, вожаи ''«ванҷ»''-ро аз ''«ван»'' ба маънои ''«бед»'' гирифташуда медонанд.<ref name="ref10" />
Ҳайдаров бо усули муқоисаи фарҳангномавӣ нишон медиҳад, ки маънои ''«гунҷишк»'' эҳтимолан натиҷаи хатои котибист: дар қадимтарин фарҳанги дастрас – ''«Луғати фурс»''-и Асадии Тӯсӣ (саҳ. 73) – барои ''«гунҷишк»'' на ''«ванҷ»'', балки ''«вунҷ»'' омадааст, ва азбаски дар хатти арабӣ навишти ин ду вожа якхела аст, ба андешаи муаллиф, дар фарҳангномаҳои баъдӣ ба ҷои ''«вунҷ»'' хатан ''«ванҷ»'' сабт гардидааст. Ин фарзияро ӯ бо далели дигар низ тақвият медиҳад: дар забони гуфтугӯии тоҷикӣ шаклҳои гуногуни калимаи ''«гунҷишк»'' – ''«вунҷишк»'', ''«бунҷишк»'', ''«гундишк»'' – ҳама пас аз ҳарфи аввал садоноки кӯтоҳи ''«у»''-ро мегиранд, на ''«а»''-ро. Аз ин муҳимтар, дар забони куҳани ванҷӣ худи вожаи ''«гунҷишк»'' тамоман калимаи дигаре буд – ''«курҷик»'' – монанди забони ҳамсояи имрӯзаи язғуломӣ (''«чуғак»'') ва шуғнонӣ (''«вудуч»''); агар водӣ ба номи ин парранда гузошта мешуд, мебоист ''«Курҷик»'' номида мешуд, на ''«Ванҷ»''.<ref name="ref10" /> Ба ин тартиб, ба андешаи аксари муҳаққиқон, решаи бовариноктарини номи ''«Ванҷ»'' ҳамон вожаи ''«ван»'' ба маънои ''«бед»'' аст, ки дар забонҳои зиндаи имрӯзаи помирӣ низ боқӣ мондааст: шуғнонӣ ''«wank»'', бартангӣ ''«wanoch»'', рӯшонӣ ''«wanoj»'', орошорӣ ''«wanuj»''.<ref name="ref10" />
Дар баробари ин, дар байни мардуми маҳаллӣ фарзияи дигаре низ роиҷ аст, ки тибқи он вожаи ''«ванҷ»'' муродифи калимаи ''«ганҷ»'' (яъне ''«хазина»'') мебошад. Ҳайдаров ин фарзияро ба падидаи табдили овозҳои ''«в»''→''«г»''→''«к»'' дар лаҳҷаи маҳаллӣ пайванд медиҳад, ки намунаҳои он дар ҷуфти калимаҳои боқимондаи забони куҳани ванҷӣ, ки то имрӯз дар нутқи шифоҳии мардум ҳамроҳи муодилҳои тоҷикиашон истифода мешаванд (масалан, ''«сару мангал»'', ''«санди нозо»'', ''«кари шумук»'', ''«гарми тумухч»''), ба назар мерасад.<ref name="ref10" /> Вожаи ''«ганҷ»'' то имрӯз дар нутқи мардуми Ванҷ серистеъмол буда, ҳатто баъзе хӯрокворӣ (мисли ширравған), меваҳо (мисли тут) ва анбори неъмат (''«ганҷур»'') бо ҳамин ном ёд мешаванд; ибораи қадимии ''«ванҷи ману ганҷи ман»'', ки зиёда аз ҳазор сол вирди забони мардум аст, низ, ба назари муаллиф, метавонад далели воқеии ин пайванди маъноӣ бошад.<ref name="ref10" />
Номи Ванҷ соли 2023 ба бузургтарин лозури Помир низ гузошта шуд: 31 июли соли 2023 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии [[Тоҷикистон]] лозури Федченко расман Ванҷях номгузорӣ гардид.<ref name="ref11">[https://khovar.tj/rus/2024/06/lednik-vandzhyah-odin-iz-samyh-bolshih-lednikov-tadzhikistana-i-gornyh-sistem-mira/ Ледник Ванджях — один из самых больших ледников Таджикистана и горных систем мира] (рус.) // НИАТ «Ховар», 9 июни 2024. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="ref12">[https://rus.ozodi.org/a/32555126.html СМИ: крупнейший на Памире ледник Федченко переименован в «Ванджях»] (рус.) // Радиои Озодӣ, 20 августи 2023. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Ҷойгоҳ ==
Ноҳияи Ванҷ бо сарзамини 4430,5 км² дар миёни қаторкӯҳҳои [[Дарвоз]] ва Язғулом воқеъ аст. Дар шимол бо [[Сангвор|ноҳияи Сангвор]] (Тавилдараи пешин), дар шарқ бо [[Мурғоб|ноҳияи Мурғоб]], дар ҷануб бо [[Рӯшон|ноҳияи Рӯшон]], дар ғарб бо ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ва дар ҷанубу ғарб, аз тариқи рӯди [[Панҷ]], бо ноҳияи Дарвози вилояти [[Бадахшон|Бадахшони]] [[Афғонистон]] ҳаммарз мебошад.<ref name="ref1" /> Марзи шарқии ноҳияро қаторкӯҳи Академияи илмҳо ташкил медиҳад.<ref name="ref13">Republic of Tajikistan, map showing administrative division as of January 1, 2004, «Tojikkoinot» Cartographic Press, Dushanbe.</ref>
Аз шимолу шарқи ноҳия ба ҷанубу ғарби он рӯдҳои Ванҷ) ва Язғулом ҷорӣ мешаванд, ки ба рӯди Панҷ мерезанд. Сарзамини ноҳия ду водии нисбатан васеи Бадахшонро дар бар мегирад. Яке аз онҳо дараи рӯди Ванҷ аст, ки беш аз 150 км дарозо дорад ва аз лозурҳои Ҷамъияти ҷуғрофӣ, Хирсон ва Абдуқаҳҳор оғоз мегирад. Водии дигар дараи рӯди Язғулом аст, ки дар миёни қаторкӯҳҳои Язғулому Рӯшон ҷой гирифтааст. Ин ду водиро аз ҳамдигар қаторкӯҳи Ванҷ ҷудо мекунад.<ref name="ref13" /> Баландии маҳал аз сатҳи дарё аз 1500 то 5000 метр мебошад.
Дар бораи сабаби номгузории қаторкӯҳҳои атрофи Ванҷ, Д. И. Эделман чунин таваҷҷуҳ медиҳад:
''«Названия хребтов в исконной топонимии не прослеживаются. Те наименования, которые мы видим сейчас на географических картах,— позднейшие. Они даны исследователями в основном по принципу смежности с той или иной долиной. Ванчский хребет отделяет Ванч от Язгулема, Язгулемский хребет — Язгулем от Рушана-Бартанга, Рушанский — долину Рушана от Гунта…»''
Тарҷума: ''«Номҳои қаторкӯҳҳо дар ҷойномҳоии аслӣ дида намешаванд. Номҳое, ки мо имрӯз дар харитаҳои ҷуғрофӣ мебинем, аз давраҳои баъдтаранд. Онҳоро муҳаққиқон асосан бар мабнои усули ҳамҷаворӣ бо ин ё он водӣ гузоштаанд. Қаторкӯҳи Ванҷ, Ванҷро аз Язғулом ҷудо мекунад, қаторкӯҳи Язғулом — Язғуломро аз Рӯшону Бартанг, қаторкӯҳи Рӯшон — водии Рӯшонро аз Ғунд…»''.<ref name="ref1" />
Дарёи Ванҷ (Ванҷоб) 103 км дарозӣ ва 2070 км² ҳавзаи обғундорӣ дорад. Он аз ҳамроҳшавии ду шохоб падид меояд: яке аз лозурҳои нишебии шимолии қаторкӯҳи Ванҷ сарчашма мегирад, дигаре бошад – аз нишебиҳои ғарбии қаторкӯҳи Академияи илмҳо. То резишгоҳи шохоби Кашолаях худи дарё номи Абдуқаҳҳорро дорад; танҳо пас аз ҳамроҳ шудан бо ин шохоб он ба номи Ванҷоб мубаддал мегардад. Сарфи миёнаи солонаи об дар резишгоҳи дарё 49,4 м³/с аст.<ref name="ref14">Ванч (рус.) // Большая советская энциклопедия. — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Тибқи мушоҳидаи мустақили Снесарев (1906), дарёи Ванҷ, ба сабаби бисёр ҷазираҳояш, дар баъзе ҷойҳо то ¾ верст (қариб 800 м) ва бештар паҳн мешавад, дар ҳоле ки дар танги дара паҳноияш танҳо тахминан 20 саҷин (қариб 43 м) аст; чуқурии он дар баъзе маконҳо то 1½ саҷин (қариб 3,2 м) мерасад, ҷараёнаш тезу тунд буда, ранги обаш лойолуди шириранг аст.<ref name="ref2192">Снесарев А. Е. Восточная Бухара (военно-географический очерк) // Сборник географических, топографических и статистических материалов по Азии. — Вып. LXXIX. — СПб.: Военная типография, 1906. — С. 19.</ref> Дар мавсими пуроби дарё гузаргоҳ вуҷуд надорад ва убур танҳо тавассути пул ё гупсар сурат мегирад; дар маҷмуъ се пул мавҷуд буд — дар резишгоҳи дарё, дар канори деҳаи Рохарв (Қалъаи Ванҷ) ва дар канори Пойи Мазор.<ref name="ref2192" /> Хилофи дарёҳои ҳамсоя, дарёи Ванҷ ҳатто дар зимистони сахт пурра ях намебандад, ва водии он назар ба водии дарёҳои ҳамсоя хеле васеътар аст.<ref name="ref2192" /> Дарёи Язғулом 80 км тӯл кашида, масоҳати ҳавзаи он 1970 км²-ро ташкил медиҳад; қисми болоии он то ҳамроҳшавии дарёи Ракзов Мазордара номида мешавад, сарфи миёнаи об дар поёноби дарё 36,2 м³/с буда, ғизои дарёҳои ноҳия асосан барфию лозурист ва сермобтарин моҳ июл аст.<ref name="ref1" />
Тавсифи муфассали гидрографии дарёи Ванҷро низ капитан Кузнецов ҳанӯз соли 1892 сабт кардааст. Ба гуфтаи ӯ, дарё аз ду шохоб — оби-Кашолаях (аз рост) ва оби-Абдуқаҳҳор (аз чап) — сарчашма мегирад, ки худ аз лозурҳои Куҳи-Лазурӣ об мегиранд, ва номи муосири шохоби ''«Абдуқаҳҳор»'', ки ҳанӯз дар гуфтаи боло зикр омада буд, маҳз бо ҳамин навиштаи асри XIX мутобиқат мекунад:
''«Рѣка оби-Ванчъ, берущая начало двумя рѣками: правой оби-Кашалъ-Аякъ и лѣвой оби-Абдукогоръ изъ ледниковъ Куи-Лазырь, течетъ въ юго-западномъ направленіи въ большинствѣ случаевъ разливаясь на много рукавовъ и образуя массу острововъ–тугаевъ.»''
Тарҷума: ''«Дарёи оби-Ванҷ, ки аз ду рӯд — рости оби-Кашолаях ва чапи оби-Абдуқаҳҳор — аз лозурҳои Куҳи-Лозурӣ сарчашма мегирад, дар самти ҷанубу ғарбӣ ҷараён дошта, дар аксари ҳолат ба бисёр шохобчаҳо тақсим мешавад ва анбӯҳи ҷазираҳо — тӯғайҳоро ба вуҷуд меорад»''.<ref name="ref15">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 32.</ref> Кузнецов инчунин баландии рустоҳои соҳили дарёи Ванҷро аз сатҳи баҳр чен кардааст: аз резишгоҳи он ба Панҷ (5110 қадам) то рустоҳои Рохарв (6250 қадам), Бунай (6590 қадам), Техарв (7260 қадам), Старғ (7670 қадам) ва Ванван (8020 қадам); ва дар бораи қаторкӯҳи байни Ванҷу Язғулом, ки имрӯз бо номи қаторкӯҳи Ванҷ маъруф аст, чунин навиштааст:
''«Горный хребетъ, расположенный между рѣками Ванчъ и Язгулемъ, носитъ названіе Ванчскаго. Восточная его часть покрыта вѣчными снѣгами и ледниками, западная – скалистая. Растительности на немъ нѣтъ никакой.»''
Тарҷума: ''«Қаторкӯҳе, ки миёни дарёҳои Ванҷу Язғулом воқеъ аст, номи Ванҷро дорад. Қисми шарқии он бо барфу лозурҳои ҷовидона пӯшида аст, қисми ғарбӣ бошад — сахраист; дар он ҳеҷ гуна рустание вуҷуд надорад»''.<ref name="ref1" />
Ванҷ дар соҳили яке аз шохобҳои бузурги рости дарёи Панҷ (болооби [[Ому]]), ки бо номи Ванҷоб маъруф аст, ҷой гирифтааст. Масофа аз маркази ноҳия то шаҳри Хоруғ 176 км ва то шаҳри [[Душанбе]] 387 км аст.
Тавсифи аввалини илмии ҷуғрофии қаторкӯҳҳои иҳотакунандаи водии Ванҷ ба шарқшиноси рус А. А. Семёнов тааллуқ дорад, ки соли 1898 дар доираи экспедитсияи расмии граф А. А. Бобринский аз ин минтақа дидан карда буд. Ӯ дар китоби худ навиштааст:
''«Часть Дарваза по правую сторону Пянджа (Сѣверный Дарвазъ) занимаетъ западный склонъ Памирскаго плоскогорья: этотъ край изрѣзываютъ глубокими долинами рѣкъ: Пянджа и его притоковъ справа: Оби-Хингоу, Ванджа и Язгулина. Водораздѣломъ этихъ рѣкъ служатъ два высокихъ хребта: Дарвазскій, между рр. Оби-Хингоу и Ванджемъ, и Ванджскій,–между долинами Ванджа и Язгулина... Въ верховьяхъ Ванджа всѣ упомянутыя горныя цѣпи сходятся въ одинъ узелъ и сливаются съ Памирами.»''
Тарҷума: ''«Қисми Дарвоз, ки дар канори рости Панҷ ҷойгир аст (Дарвози Шимолӣ), нишеби ғарбии баландсаҳрои Помирро фаро мегирад: ин канораро водиҳои амиқи дарёҳо буридаанд – Панҷ ва шохобҳои рости он: Оби-Хингов, Ванҷ ва Язғулом. Марзи обҷудокунии ин дарёҳоро ду қаторкӯҳи баланд ташкил медиҳанд: Дарвоз – миёни рӯдҳои Оби-Хингову Ванҷ, ва Ванҷ – миёни водиҳои Ванҷу Язғулом... Дар болооби Ванҷ ҳамаи ин қаторкӯҳҳои зикршуда ба як гиреҳ мепайванданд ва бо Помир мепайванданд»''.<ref name="ref16">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. — М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. — С. 6.</ref>
Дар ҳамин гиреҳи кӯҳӣ, ки қаторкӯҳҳои Ванҷу Дарвоз бо Помир мепайванданд, Семёнов ағбаи баландеро ба қайд гирифтааст, ки ба болооби Ванҷ мебарад: ''«Въ этомъ горномъ узлѣ лежить на высотѣ свыше 15 тыс. футовъ надъ уровнемъ моря перевалъ Сытаргй въ долину р. Вандж, или Ванча»'' – тарҷума: ''«Дар ҳамин гиреҳи кӯҳӣ, дар баландии зиёда аз 15 ҳазор фут аз сатҳи баҳр, ағбаи Сытаргӣ ба водии дарёи Вандж (Ванҷ) ҷойгир аст»''.<ref name="ref17">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. — М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. — С. 7.</ref>
Тавсифи муфассали роҳҳои дастрасӣ ба водии Ванҷ дар охири асри XIX ба қалами капитан Н. Юхновский, узви экспедитсияи ҳудудии соли 1893, тааллуқ дорад, ки барои таҳқиқи қитъаи камомӯхтаи сарҳад аз дарёи Ванҷ то истеҳкоми Керкӣ, дар тӯли рӯдҳои Панҷу Ому фиристода шуда буд.<ref name="ref2112">Юхновский И. Нѣсколько словъ объ условіяхъ жизни въ горахъ Дарваза и въ долинѣ рѣки Ванча // Туркестанские Ведомости. — 1894. — № 65. — С. 64–65.</ref> Тибқи гузориши ӯ, роҳи аз Қалъаи Хумб то Рохар (Қалъаи Ванҷ) дар тӯли соҳили дарёи Панҷ бо василаи карнизҳо мегузашт, ки паҳноияшон аз ¾ то 1½ арш буда, баъзан аз болои нишебиҳои мулоим ва баъзан аз болои қаторкӯҳҳои амудӣ мегузаштанд; дар баъзе ҷойҳо карнизҳои сунъӣ — аз бревнои чӯбини дар шикофи сангҳо ҷойгузошташуда, бо шохчаву замин пӯшонидашуда — сохта мешуданд.<ref name="ref2112" /> Ин роҳ, гарчанде дар давоми сол умуман кушода буд, вале аз сабаби фаромадани обхезиҳои кӯҳӣ ё харсанг метавонист вайрон гардад ва то таъмир қатъ шавад; дар мавсими зимистон, дар натиҷаи яхбандӣ ва боришот, ҳаракат дар ин роҳ хеле мушкил мегардид.<ref name="ref2112" />
Мавзеи Қалъаи Ванҷ (Рохар), ки Юхновский онро тавсиф кардааст, тахминан дар масофаи 6 версти (қариб 6,4 км) аз ҷои ҳамроҳшавии дарёи Ванҷ ба Панҷ ҷойгир буд; водии Ванҷ назар ба дараи танги Панҷ хеле васеътар буда, дорои заминҳои назарраси корам буд ва аз ин рӯ, назар ба дигар минтақаҳои Дарвоз, зичии аҳолии он бештар буд.<ref name="ref2112" /> Дар Рохар се роҳ ба ҳам мепайвастанд: аз ғарб — аз Қалъаи Хумб; аз шимол — аз ағбаи «Аба-и-Ситарги», ки эҳтимол ҳамон ағбаест, ки А. А. Семёнов онро бо номи «Сытаргй» ёд кардааст (ниг. боло); ва аз ҷанубу шарқ — аз Рӯшону [[Шуғнон]], ки ин роҳи охир хеле душвор буд ва барои расидан ба Рохар аз он тариқ, мусофир бояд дарёи Панҷро бо «гупсар» (шино бо пӯсти боди пуркардашудаи буз) убур мекард.<ref name="ref2112" />
=== Лозурҳо ва қуллаҳо ===
Болооби дараи Ванҷ, ки дар он ҷо рӯд номи Абдуқаҳҳор (Абдукагор)-ро дорад, аз калонтарин марказҳои лозурии Помир ба шумор меравад. Бузургтарин лозури ҳавзаи рӯди Ванҷ лозури Ҷамъияти ҷуғрофӣ мебошад, ки дар маҳалли пайвастшавии қаторкӯҳҳои Академияи илмҳо ва Дарвоз ҷой гирифта, дарозиаш 24,2 км ва масоҳаташ 64,4 км² аст. Ин лозур соли 1882 кашф гардида, соли 1928 ба шарафи Ҷамъияти ҷуғрофии [[Русия]] номгузорӣ шудааст.<ref name="ref18">[https://rgo.ru/activity/redaction/news/lednik-geograficheskogo-obshchestva-na-pamire-taet/ Ледник Географического общества на Памире тает] (рус.) // Сомонаи расмии Ҷамъияти ҷуғрофии Русия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар ҳавзаи Абдуқаҳҳор, дар нишебии ғарбии қаторкӯҳи Академияи илмҳо, лозури Хирс (дар адабиёти илмии русӣ – Медвежий) воқеъ аст, ки бо ҳаракатҳои даврии ногаҳонии худ (сёрҷ) дар ҷаҳон шуҳрат дорад. Дарозии лозури Хирс 15,8 км ва масоҳаташ 25,3 км² аст; ҳавзаи барфии он дар баландии беш аз 5500 м бо ҳавзаи лозури Ванҷях (Федченко) муштарак буда, забонаи борику дарози он бо яхшораи (ледопад) 900-метра аз ҳавзаи ғизогирии фирнӣ ба дараи чуқур, то баландии 2900 м, фуруд меояд.<ref name="ref19">Медвежий ледник // Словарь современных географических названий / Рус. геогр. о-во. Моск. центр; под общ. ред. акад. В. М. Котлякова. — Екатеринбург: У-Фактория, 2006.</ref> Забонаи ин лозур дар зарфи чанд моҳ то 2 км ба поёни дара пеш рафта, маҷрои дарёи Абдуқаҳҳорро мебандад ва кӯли лозурӣ ба вуҷуд меоварад, ки шикофта шудани он ба обхезиҳои харобиовар дар водии Ванҷ оварда мерасонад. Чунин ҳаракатҳо дар солҳои 1916, 1937, 1951, 1963, 1973, 1989, 2001 ва 2011 ба қайд гирифта шудаанд.<ref name="ref20">[https://www.silkadv.com/en/content/lednik-medvezhiy-v-hrebte-akademii-nauk Ледник Медвежий в хребте Академии Наук] (рус.) // Silk Road Adventures. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ҳангоми ҳаракати соли 1963 лозур қариб 1,75 км пеш рафта, дараи Абдуқаҳҳорро баст ва дар он сол ду маротиба (19 июн ва 3 июл) обхезиҳои лозурӣ рӯй доданд. Соли 1973 садди яхине бо паҳноии тақрибан ним километр ва баландии саду панҷоҳ метр дараро банд карда, дар паси он кӯле бо чуқурии то 110 метр пайдо шуд; 19 июни соли 1973, вақте ки дар кӯл 27 млн м³ об ҷамъ омада буд, рахнашавии он ба амал омад.<ref name="ref21">[https://glaciallakes.narod.ru/articles/articl_other/3-1.htm Виноградов Ю. Б. Сведения о прорывах озёр, подпруженных ледниками] (рус.). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар қисмати шарқии қаторкӯҳи Язғулом, дар марзи ҷанубу шарқии ноҳия, қуллаи Истиқлол (то соли 2006 – қуллаи Революция; 6940 м) – чорумин қуллаи баланди Тоҷикистон қомат афрохтааст. Дар домани шимолии он лозури бузурги Федченко – дарозтарин лозури кӯҳии ҷаҳон берун аз минтақаҳои қутбӣ (77 км) оғоз меёбад.<ref name="ref22">[http://wiki.risk.ru/index.php/%D0%9F%D0%B8%D0%BA_%D0%A0%D0%B5%D0%B2%D0%BE%D0%BB%D1%8E%D1%86%D0%B8%D0%B8 Пик Революции] (рус.) // Wiki.risk.ru. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Ин лозур, ки соли 1878 онро Василий Ошанин кашф карда, ба шарафи табиатшинос Алексей Федченко номгузорӣ намуда буд, аз 31 июли соли 2023 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расман Ванҷях ном дорад.<ref name="ref11" /><ref name="ref12" /> Паҳноии миёнаи лозур 2 км ва ҳадди аксараш 5 км буда, ғафсии ях то 1 км ва ҳаҷми он ҳамроҳ бо шохобҳояш 144 км³ мерасад; лозур аз баландии 6200 м оғоз ёфта, забонааш то баландии 2909 м фуруд меояд ва дар силсилаи он 100 лозури хурду бузург, аз ҷумла 26 шохоби бевосита, ба ҳам пайвастаанд. Дар канори чапи лозур, дар баландии 4169 м, 7 августи соли 1933 истгоҳи гидрометеорологӣ кушода шуда буд, ки то соли 1995 бефосила кор кард ва соли 2004 дар доираи лоиҳаи байналмилалӣ дар он ҷо истгоҳи худкор насб гардид. Бар асари гармшавии иқлим лозур танҳо дар садаи XX дар танаи асосии худ тақрибан 15 км³ ях – даҳяки массаи худро – аз даст додааст.<ref name="ref11" />
Тибқи баррасиҳои лозуршиносии охирин, масоҳати умумии лозури Ванҷях (Федченко) тақрибан 700 км² арзёбӣ мешавад ва ҳаҷми умумии яхи он, бар пояи ченкунии ғафсии қабати ях, 123,4 ± 28 км³ ҳисоб карда шудааст.<ref name="ref23">[https://www.cambridge.org/core/journals/journal-of-glaciology/article/evolution-of-fedchenko-glacier-in-the-pamir-tajikistan-during-the-past-eight-decades/0F2F382BD7954575E28B20128B7825E2 The evolution of Fedchenko glacier in the Pamir, Tajikistan, during the past eight decades] (англ.) // Journal of Glaciology. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар тӯли 93 соли мушоҳидаи илмӣ (1928-2021), суръати миёнаи тағйири баландии сатҳи лозур ба −0,46 метр дар сол расидааст, ҳарчанд дар ду фосилаи алоҳида – солҳои 1958-1980 ва 2010-2021 – коҳиши баландии забонаи лозур ду баробар аз меъёри дарозмуддат тезтар будааст.<ref name="ref24">[https://eartharxiv.org/repository/view/7474/ Multi-temporal elevation changes of Fedchenko Glacier, Tajikistan, from 1928 to 2021] (англ.) // EarthArXiv / Journal of Glaciology, 2024. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ченкуниҳои GNSS ва тасвирбардории радарии TanDEM-X нишон медиҳанд, ки мувозинати ҷирмии лозур аз −0,27 ± 0,05 метри муодили обӣ дар сол барои давраи 2000-2011 то −0,51 ± 0,04 метр дар сол барои давраи 2011-2016 бадтар шудааст, яъне суръати обшавии лозур дар даҳсолаи охир тақрибан ду баробар афзудааст.<ref name="ref25">Lambrecht A., Mayer C., Wendt A., Floricioiu D., Völksen C. Elevation change of Fedchenko Glacier, Pamir Mountains, from GNSS field measurements and TanDEM-X elevation models, with a focus on the upper glacier // Journal of Glaciology.</ref> Бо вуҷуди ин, азбаски забонаи лозур бо қабати ғафси хоку сангреза пӯшида аст, масоҳати намоёни он тайи даҳсолаҳо танҳо 1,4 фоиз тағйир ёфта, дар ҳоле ки ҳаҷми аслии яхи он коҳиши назаррас – тақрибан 5 км³ дар тӯли ҳашт даҳсола – доштааст.<ref name="ref23" /> Тибқи маълумоти барномаи UNEP GRID-Arendal, забонаи лозур аз соли 1933 инҷониб зиёда аз 1 километр ба ақиб нишастааст ва аз соли 1980 инҷониб тақрибан 50 метр паст шудааст.<ref name="ref26">[https://www.grida.no/resources/5274 Shrinking of Fedchenko Glacier in the Pamirs of Tajikistan] (англ.) // UNEP GRID-Arendal. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Пажӯҳиши соли 2026 дар маҷаллаи ''«Remote Sensing»'' доир ба ҳавзаи лозурии дарёи Вахш, ки низоми лозурии Ванҷях (Федченко)-ро низ фаро мегирад, нишон дод, ки масоҳати умумии лозурҳои ин ҳавза аз 4440,9 км² дар соли 2000 то 4087,1 км² дар соли 2018 коҳиш ёфта, барои соли 2025 тахминан 3955,2 км² пешбинӣ мешавад; яъне тайи солҳои 2000-2025 масоҳати умумии лозурҳо 485,7 км² (10,94 фоиз) кам шуда, коҳиши миёнаи солона ба 19,43 км² мерасад.<ref name="ref27">[https://www.mdpi.com/2072-4292/18/9/1436 Changes in Glaciers of the Vakhsh River Basin, Tajikistan Under Global Climate Change] (англ.) // Remote Sensing, ҷ. 18, № 9, мақолаи 1436, 2026.</ref>
Қисмати шарқии кӯҳистони ноҳия, аз ҷумла шарқи қаторкӯҳи Ванҷ ва минтақаи лозури Федченко, ба ҳудуди Боғи миллии Тоҷикистон дохил мешавад, ки соли 1992 таъсис ёфтааст ва моҳи июни соли 2013 таҳти унвони ''«Боғи миллии Тоҷикистон (кӯҳҳои Помир)»'' ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии [[ЮНЕСКО]] шомил гардид.<ref name="ref28">[https://news.un.org/ru/story/2013/06/1224271 Таджикский национальный парк «Горы Памира» включён в список Всемирного наследия ЮНЕСКО] (рус.) // Маркази ахбори СММ, июни 2013. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="ref29">[https://medt.tj/ru/tourism/tourism/1424-tajikskiy-natsionalniy-park-obekt-vsemirnogo-naslediya-unesco Таджикский национальный парк — объект Всемирного наследия ЮНЕСКО] (рус.) // Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Тибқи тавсифи ҳарбӣ-ҷуғрофии подполковник А. Е. Снесарев (1906), қаторкӯҳи Ванҷу Язғулом, ки водиҳои Ванҷу Язғуломро аз ҳам ҷудо мекунад, аз наздикии лозури Федченко сар мешавад ва бо теғаҳои баланду сангин ва танг то дарёи Панҷ бо шебҳои тунд қатъ мегардад; дарозии он 130-140 верст (тахминан 138-149 км) ва баландии миёнааш 17-18 ҳазор фут (тахминан 5180-5490 м) арзёбӣ шудааст.<ref name="ref2192" /> Шумораи ағбаҳои ин қаторкӯҳ хеле кам аст; аз миёни онҳо ағбаи Гушхон (тахминан 14 500 фут — қариб 4420 м) серистифодатарин ба шумор мерафт, гарчанде убури он низ душвориҳои зиёд дошт: аспро якчанд маротиба бояд аз пушт фуроварданд ва вақти хунуктарини рӯзро барои гузаштан интихоб мекарданд, то барф вазни аспро нигоҳ дошта тавонад.<ref name="ref2192" />
=== Заминҷунбӣ ===
Ноҳияи Ванҷ дар яке аз минтақаҳои аз ҷиҳати геологӣ мураккабтарин ва аз нигоҳи сейсмикӣ фаъолтарини Осиёи Марказӣ ҷой дорад<ref name="ref186">[https://academic.oup.com/gji/article/240/3/2125/7984515 Identifying geological structures in the Pamir region using non-subsampled shearlet transform and gravity gradient tensor] // Geophysical Journal International, Oxford Academic. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref><ref name="ref187">[https://www.mdpi.com/2072-4292/16/24/4771 Present-Day Tectonic Deformation Characteristics of the Northeastern Pamir Margin Constrained by InSAR and GPS Observations] // Remote Sensing (MDPI). Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>, ки ин пеш аз ҳама ба бархӯрди амиқи қитъаҳои литосфераии Ҳиндустон ва Авруосиё вобаста аст. Дар натиҷаи ин бархӯрд блоки Помир дар давоми кайнозои дер тақрибан 280–300 километр ба самти шимол рондашуда, деформатсияи бузурги тектоникиро дар зерминтақаи Ванҷу Язғулом ба вуҷуд овардааст<ref name="ref188">[https://www.frontiersin.org/journals/earth-science/articles/10.3389/feart.2022.967529/full Two kinematic transformations of the Pamir salient since the Mid-Cenozoic: Constraints from multi-timescale deformation analysis] // Frontiers in Earth Science. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>. Деформатсияи сатҳии минтақа асосан тавассути шикастагии калони Дарвоз-Қарокӯл ва системаи шикастагиҳои дохилиқаторкӯҳии транстенсионӣ идора мешавад<ref name="ref189">[https://pubs.geoscienceworld.org/gsa/geosphere/article/6/4/444/132380/Major-intracontinental-strike-slip-faults-and Major intracontinental strike-slip faults and contrasts in lithospheric strength] // Geosphere, GeoScienceWorld. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>, дар ҳоле ки заминҷунбиҳои чуқурии миёна дар зери минтақа бо равандҳои деламинатсия ва кандашавии (breaking-off) порчаи литосфераи Ҳиндукуш алоқаманд дониста мешаванд<ref name="ref190">[https://refubium.fu-berlin.de/bitstream/handle/fub188/1258/Thesis_Kufner_Sofia.pdf Lithospheric structure and seismotectonic setting of the Hindu Kush, the Tajik-Afghan basin and the western Pamir from analysis] // Refubium, Freie Universität Berlin. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>.
==== Заминҷунбии 2 январи соли 2010 ====
Субҳи рӯзи шанбе, 2 январи соли 2010 (соати 07:15 бо вақти маҳаллӣ), дар шарқи Тоҷикистон заминларзае бо бузургии тахминан 5,3–5,4 ба вуқӯъ пайваст. Эпицентри он тақрибан 14 километр шимолтар аз маркази ноҳияи Ванҷ, дар координатаҳои 38,247° арзи шимолӣ ва 71,495° тӯли шарқӣ ҷойгир буд, гипоцентраш бошад дар умқи тақрибан 47 километр қарор дошт<ref name="ref191">[https://reliefweb.int/disaster/eq-2010-000001-tjk Tajikistan: Earthquake - Jan 2010] // ReliefWeb. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>. Заминларза ба 23 деҳа дар ду ҷамоати ноҳия — ҷамоати ба номи Маҳмадулло Абдуллоев (собиқ Ванҷ) ва ҷамоати Язғулом — хисороти ҷиддӣ расонд<ref name="ref192">[https://reliefweb.int/report/tajikistan/react-situation-report-no1-earthquake-vanj-district-gbao-province-tajikistan REACT Situation Report No.1: Earthquake in Vanj District, GBAO Province, Tajikistan] // REACT / ReliefWeb. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref><ref name="ref193">[https://reliefweb.int/report/tajikistan/tajikistan-vanj-earthquake-situation-report-2 Tajikistan Vanj Earthquake Situation Report #2] // ReliefWeb. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>.
Тибқи гузоришҳои ибтидоии созмонҳои байналмилалӣ, офат ба 958 хоҷагӣ таъсир расонд; шумораи хонаҳои комилан харобшуда, ки дар рӯзҳои аввал 98 адад арзёбӣ шуда буд, дар натиҷаи давоми таконҳои пасозилзилавӣ то 140–162 адад афзоиш ёфт<ref name="ref194">[https://www.ozodi.org/a/1920743.html Дар Ванҷ 98 манзил пурра тахриб шудааст] // Радиои Озодӣ. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref><ref name="ref195">[https://reliefweb.int/report/tajikistan/tajikistan-vanj-earthquake-situation-report-3 Tajikistan Vanj Earthquake Situation Report #3] // ReliefWeb. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>. Дар маҷмӯъ, беш аз 1050 бино — аз ҷумла манзилҳои зист, се мактаб, тақрибан 30 бинои маъмуриву иҷтимоӣ, дармонгоҳи ноҳия ва бинои нозироти андоз — қисман ё пурра хароб гардиданд<ref name="ref196">[https://www.ozodi.org/a/1920560.html Хисороти заминларзаи шадид дар Ванҷ] // Радиои Озодӣ. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref><ref name="ref193" />. Аз 1134 то беш аз 20 000 нафар сокинон ба таври мустақим ё ғайримустақим зарар диданд; ҳамзамон, ин офат талафоти ҷонии марговар дар пай надошт ва танҳо 2 нафар ҷароҳат бардоштанд<ref name="ref197">[[:ru:Землетрясение_в_Таджикистане_(2010)|Землетрясение в Таджикистане (2010)]] // Википедия (рус.). Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>. Зарари молиявӣ тахминан 1,5 миллион доллари амрикоӣ (тақрибан 16,2 миллион сомонӣ) арзёбӣ гардид<ref name="ref197" />.
Дар асари таконҳо беш аз 2,5 километр хатҳои интиқоли барқ ва алоқа канда шуда, 13 сутуни барқӣ шикастанд, ки дар натиҷа маркази Ванҷ, Роғ ва Гишхун бидуни нерӯи барқ ва алоқаи телефонӣ монданд<ref name="ref197" />. Сармои шадиди зимистон (то −24 °C дар шаб) вазъиятро боз ҳам мушкилтар гардонд; мардум аз тарси фурӯрезии минбаъдаи биноҳо шабҳои аввалро дар ҳавои кушод, дар хаймаҳо ва биноҳои камосебдида гузарониданд<ref name="ref194" />. Дар моҳҳои баъдина силсилаи тӯлонии таконҳои пасозилзилавӣ идома ёфт<ref name="ref198">[https://www.ozodi.org/a/1922938.html Рӯйдодҳои ҳафта дар оинаи матбуот] // Радиои Озодӣ. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>. Дар вокуниш ба офат, Ҳукумати Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва созмонҳои байналмилалӣ — аз ҷумла Федератсияи байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (IFRC), барномаи REACT ва Ташкилоти Ҷамъиятии Мададгори Мудофиа — амалиёти кумаки башардӯстонаро оғоз карданд, ки то 5 майи ҳамон сол идома ёфт<ref name="ref192" /><ref name="ref199">[https://khovar.tj/2010/01/ba-zarardidagoni-zaminlarzai-van-1206-k-1262-mak-az-t-1206-mm/ Ба зарардидагони заминларзаи Ванҷ кӯмак аз ТҶММ] // АМИТ «Ховар». Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>.
==== Хатарҳои дуюмдараҷа: сангрезиш ва ярч ====
Ба сабаби топографияи шадидан кӯҳистонии ноҳия, заминҷунбиҳо аксар вақт боиси сангрезиш мегарданд, ки ягона шоҳроҳи нақлиётии минтақа — шоҳроҳи Душанбе–Хоруғ — ро масдуд месозад. Ҳангоми таконҳои пасозилзилавии 6 январи соли 2010, сангрезише 3 километр қисмати шоҳроҳро дар километри 481-ум пӯшонд<ref name="ref200">[https://khovar.tj/2010/01/kumitai-1202-olat-1202-oi-fav-1178-ulodda-tajyor-nest/ Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда тайёр нест] // АМИТ «Ховар». Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref><ref name="ref201">[https://www.khf.tj/node/4686 КҲФ: Заминларза ва резиши санг дар кишвар. Талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар нест] // Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>. Мутахассисон ин хатарро бо фоҷиаи ярчи [[Ярчи Ҳоит|Ҳоит]] (10 июли соли 1949, заминларзаи бо бузургии 7,4–7,5), ки боиси марги тақрибан 7200 нафар гардида буд, муқоиса мекунанд<ref name="ref202">[[:en:1949_Khait_earthquake|1949 Khait earthquake]] // Wikipedia (англ.). Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>.
==== Ҳодисаҳои сейсмикии баъдина (2015–2023) ====
Рӯзи 7 декабри соли 2015, заминларзае бо бузургии 7,2, ки маркази он дар наздикии кӯли [[Сарез]] ҷойгир буд, дар километрҳои 452 ва 462-юми шоҳроҳи Душанбе–Хоруғ дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ сангрезиши марговар ба вуҷуд овард, ки дар натиҷаи он як ронанда ҳалок ва якчанд мошини боркаш хароб гардид<ref name="ref203">[https://khovar.tj/2015/12/van-barrasii-o-ibat-oi-ofati-tabi-dar-voh-r-bo-ramazon-ra-imzoda/ Ванҷ: Баррасии оқибатҳои офати табиӣ дар вохӯрӣ бо Рамазон Раҳимзода] // АМИТ «Ховар». Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>. Рӯзҳои 9 ва 21 марти соли 2023, ду заминларзаи дигар — яке бо бузургии 5,7 бо марказаш дар ҳудуди Боғи миллии Тоҷикистон ва дигаре бо бузургии 6,5 дар [[Ҳиндукуш|Ҳиндукуши]] Афғонистон — таконҳои шадидро дар саросари Помири Ғарбӣ, аз ҷумла дар ноҳияи Ванҷ, ба вуҷуд оварданд<ref name="ref204">[https://www.aa.com.tr/ru/%D0%BC%D0%B8%D1%80/%D0%B2-%D1%82%D0%B0%D0%B4%D0%B6%D0%B8%D0%BA%D0%B8%D1%81%D1%82%D0%B0%D0%BD%D0%B5-%D0%BF%D1%80%D0%BE%D0%B8%D0%B7%D0%BE%D1%88%D0%BB%D0%BE-%D0%B7%D0%B5%D0%BC%D0%BB%D0%B5%D1%82%D1%80%D1%8F%D1%81%D0%B5%D0%BD%D0%B8%D0%B5-%D0%BC%D0%B0%D0%B3%D0%BD%D0%B8%D1%82%D1%83%D0%B4%D0%BE%D0%B9-5-7/2840674 В Таджикистане произошло землетрясение магнитудой 5,7] // Anadolu Ajansı. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref><ref name="ref205">[[:ru:Землетрясение_в_Бадахшане_(2023)|Землетрясение в Бадахшане (2023)]] // Википедия (рус.). Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>.
==== Осебпазирии инфрасохтор ва чораҳои паст кардани хавф ====
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки қисми зиёди биноҳои харобшуда дар заминҷунбии соли 2010 хонаҳои анъанавии гилину похсагин буданд, ки аз нигоҳи муҳандисии сейсмикӣ муқовимати паст дошта, камарбандҳои оҳану бетонӣ надоранд<ref name="ref197" />. Барои паст кардани хавфи минбаъда, Ҳукумати Тоҷикистон барномаҳои кӯчонидани аҳолиро аз минтақаҳои хатарноки экзогенӣ амалӣ месозад<ref name="ref197" />.
== Иқлим ==
Иқлими ноҳияи Ванҷ қораӣ (континентӣ) аст; тобистонаш гарми бебориш, зимистонаш сарди камбарф; ҳарорати миёна дар моҳи июл 20-24 °C, дар январ аз −12 °C то −20 °C. Мизони борандагии солона 200-300 миллиметр аст. Баландиҳои 4000-5500 м марғзоранд, аз он болотар – тундраи кӯҳист. Дар баландкӯҳҳо иқлим ба куллӣ дигар аст: дар минтақаи лозури Ванҷях ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво ҳатто дар моҳҳои июн-сентябр ҳамагӣ +1,6 °C буда, миқдори солонаи боришот дар он ҷо ба 1192 мм мерасад, ки 99 дарсади он ба шакли барф меборад.<ref name="ref11" />
=== Таснифи иқлимӣ ва механизмҳои ташаккулёбандаи он ===
Тибқи таснифи байналмилалии иқлимшиносии Кёппен-Гейгер (Köppen-Geiger), иқлими қисми асосии водиҳои поёнии ноҳияи Ванҷ ба гурӯҳи Dsa – ''«иқлими қораии мӯътадил бо тобистони гарму хушк»'' – мансуб дониста мешавад.<ref name="ref32">[[:en:Vanj_District|Vanj]] (англ.) // Wikipedia, the Free Encyclopedia. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ин рамз се хусусияти бунёдиро ифода мекунад: ҳарфи D нишон медиҳад, ки ҳарорати миёнаи сардтарин моҳи сол аз −3 °C поёнтар аст ва барф дар зимистон қабати устувор ташкил медиҳад, дар ҳоле ки гармтарин моҳ аз 10 °C болотар аст; ҳарфи s далолат мекунад, ки боришоти моҳи хушктарини тобистон ба маротиб камтар аз боришоти моҳи сербориштарини зимистону баҳор аст; ҳарфи a нишон медиҳад, ки ҳарорати миёнаи гармтарин моҳи сол аз 22 °C зиёдтар аст. Ин таснифот танҳо то баландиҳои тақрибан 2000-2500 метр эътибори комил дорад; бо боло рафтан аз ин сатҳ, иқлим ба категорияҳои сардтару намноки Dsb ва Dsc мегузарад, дар баландиҳои беш аз 3500-4000 метр ба категорияи E (иқлими тундраи кӯҳӣ) ва дар минтақаи лозурҳо, аз ҷумла дар ҳавзаи Ванҷях, ба категорияи EF (иқлими яхбандии доимӣ) табдил меёбад.<ref name="ref33">Outlook on climate change adaptation in the Central Asian mountains (англ.) // Carpathian Convention. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Иқлими ноҳия натиҷаи таъсири мутақобилаи се механизми асосии атмосферист. Дар фасли зимистон (аз ноябр то март) минтақа таҳти таъсири канораи ҷанубу ғарбии Антитсиклони Сибирӣ қарор мегирад, ки массаҳои ҳавоии сарду хушкро ба водиҳои Помир ворид карда, ҳавои софи вале шадидан сарди зимистонаро ба вуҷуд меорад.<ref name="ref34">Рамочная модель управления экологическими и социальными охранными мерами (РМУЭСОМ) (рус.) // ECDP.TJ. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар охири зимистону фасли баҳор, силсилабодҳои ғарбӣ (Westerlies), ки аз уқёнуси Атлантик ва баҳри Миёназамин ҷараён мегиранд, манбаи асосии намӣ ва боришот мебошанд; вақте ин сиклонҳо ба қаторкӯҳҳои баланди Ванҷу Язғулом бармехӯранд, раванди боришоти орографӣ (кӯҳсоз) рӯй медиҳад, ки боиси резиши миқдори зиёди борону барф мегардад. Дар моҳҳои июлу август бошад, гармшавии шадиди сатҳи замин дар биёбонҳои Афғонистону Эрон боиси пайдоиши минтақаҳои фишори паст мегардад, ки массаҳои ҳавоии тропикии хушкро ба минтақа ворид карда, равандҳои абрсозиро бозмедоранд ва давраи хушксолии тобистонаро фаро меоранд. Бо сабаби парокандагии шабакаи истгоҳҳои обуҳавосанҷӣ дар кӯҳистони Помир, таҳлили дақиқи микроиқлимҳои алоҳида – ҳатто бо истифода аз пойгоҳҳои додаҳои глобалӣ ба монанди MERRA-2 – то ҳанӯз кори мураккабе боқӣ мемонад.<ref name="ref35">[https://www.nature.com/articles/s41598-025-86366-4 Modeling of historical and future changes in temperature and precipitation in the Panj River Basin in Central Asia under the CMIP5 RCP and CMIP6 SSP scenarios] (англ.) // PMC. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Низоми ҳарорат ===
Маълумоти мушаххаси истгоҳҳои метеорологии маҳаллӣ манзараи дақиқтари низоми ҳароратиро пешкаш мекунанд. Тибқи таҳлили илмии соли 2024, ки бар асоси мушоҳидаҳои истгоҳи обуҳавосанҷии Хумроғӣ (воқеъ дар ҳавзаи болооби рӯди Ванҷ) анҷом дода шудааст, ҳарорати миёнаи солона дар ин минтақа тақрибан ба +9,9 °C баробар аст.<ref name="ref36">[https://www.mdpi.com/2072-4292/16/10/1730 Murodov, M.; Li, L.; Safarov, M.; Lv, M.; Murodov, A.; Gulakhmadov, A.; Khusrav, K.; Qiu, Y. A Comprehensive Examination of the Medvezhiy Glacier\\\'s Surges in West Pamir (1968–2023)] (англ.) // Remote Sensing. — 2024. — Ҷ. 16, № 10. — Мақолаи 1730. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Гармтарин моҳи сол июл буда, ҳарорати миёнаи он ба +23,0 °C мерасад,<ref name="ref36" /> баъзе манбаъҳои дигар ҳарорати миёнаи июлро дар маркази ноҳия то +25 °C арзёбӣ мекунанд.<ref name="ref32" /> Тибқи маълумоти сомонаҳои обуҳавосанҷии оммавӣ, дар давоми рӯзҳои гарми тобистон (масалан, дар охири июлу аввали август) ҳарорати нимирӯзӣ метавонад ба таври муназзам то +27...+32 °C боло равад.<ref name="ref37">[https://www.gismeteo.ru/weather-vanch-336641/ Погода в Ванче сегодня] (рус.) // Gismeteo. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Сардтарин моҳи сол январ аст, ки тибқи маълумоти истгоҳи Хумроғӣ ҳарорати миёнааш аз −4,9 то −5,0 °C-ро ташкил медиҳад.<ref name="ref36" /><ref name="ref32" /> Ин рақам аз тавсифи умумии дар боло овардашуда (аз −12 то −20 °C), ки маъмулан дар сарчашмаҳои донишномавӣ дар бораи маркази ноҳия дода мешавад, фарқи назаррас дорад; чунин ба назар мерасад, ки ин тафовут на ихтилофи асл, балки натиҷаи фарқи мавқеи чен ва усули ҳисоб бошад – рақами дуюм эҳтимолан ба ҳарорати шабонаи ниҳоии сардтарин рӯзҳо ё ба минтақаҳои баландтари ноҳия дахл дорад, дар ҳоле ки рақами якум ҳарорати миёнаи моҳонаро дар як истгоҳи мушаххас инъикос мекунад. Муҳимтарин хусусияти ин иқлим амплитудаи миёнаи солонаи ҳарорат аст, ки ба 27,9 °C мерасад ва гувоҳи равшани набудани таъсири мӯътадилкунандаи баҳрҳо мебошад.<ref name="ref36" />
Ҳароратҳои фавқулода низ ба қайд гирифта шудаанд: тибқи як ҳуҷҷати арзёбии экологию иҷтимоӣ, дар моҳи июли соли 2013 ҳарорати ҳаво дар ноҳия то +36,6 °C расидааст, дар ҳоле ки дар моҳи январи соли 2012 пасттарин ҳарорати мутлақ −20,5 °C ба қайд гирифта шуд;<ref name="ref34" /> тафовути миёни ин ду нишондиҳанда – беш аз 57 дараҷа – худ далели равшани шиддати иқлими қораии кӯҳистонии ноҳия аст.
Бо ҳар 100 метр болоравии баландӣ, ҳарорати ҳаво, тибқи қонунияти умумии физикаи атмосфера, ба ҳисоби миёна 0,6 °C коҳиш меёбад; маҳз ҳамин градиенти амудӣ сабаб мешавад, ки дар ҳоле ки дар маркази ноҳия тобистон гармои то 30 дараҷа ҳукмфармост, дар баландиҳои болои 4000 метр шароити наздик ба зимистон боқӣ мемонад. Дар минтақаи лозури Ванҷях, тавре ки дар боло зикр гардид, ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво ҳатто дар моҳҳои июн-сентябр ҳамагӣ +1,6 °C-ро ташкил медиҳад, ки шабнаму яхбандии шабонаро дар он ҷо ҳатто дар авҷи тобистон табиӣ мегардонад.
=== Боришот ва намнокии ҳаво ===
Тақсимоти боришот дар ноҳияи Ванҷ, мисли ҳарорат, ба таври шадид вобаста ба баландӣ тағйир меёбад. Тибқи маълумоти истгоҳи Хумроғӣ, боришоти миёнаи солона дар ҳавзаи болооби рӯди Ванҷ ба 341 мм мерасад,<ref name="ref36" /> дар ҳоле ки дар қисматҳои поёнии водӣ ин рақам ба 200-300 мм наздик аст (ниг. боло), ва дар баъзе минтақаҳои миёнакӯҳ, тибқи баъзе сарчашмаҳо, то 626 мм низ мерасад.<ref name="ref32" /> Хусусияти муҳимтарин на ҳаҷми умумии боришот, балки тақсимоти бениҳоят нобаробари он дар тӯли сол аст: моҳи сербориштарин март буда, ба ҳисоби миёна 64 мм боришот дорад ва бо обшавии ҳамзамони барфҳои кӯҳӣ сатҳи оби Ванҷобу Язғуломро кескин боло мебарад; моҳи хушктарин бошад, август аст, ки миқдори боришот дар он ҳамагӣ ба 1 мм мерасад.<ref name="ref36" /> Тафовути 63-миллиметра миёни ин ду моҳ нишондиҳандаи равшани хушксолии мутлақи тобистона мебошад.<ref name="ref36" />
Намнокии нисбии ҳаво низ ба ҳамин ритми мавсимӣ пайравӣ мекунад: дар авҷи тобистон он метавонад то 18-24 фоиз коҳиш ёбад,<ref name="ref38">Погода в Ванче (Таджикистан) (рус.) // JSPRAV.ru. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> ки боиси бухоршавии босуръати намӣ аз сатҳи хоку баргу набот гардида, эҳтиёҷи кишоварзиро ба обёрии сунъӣ хеле меафзояд. Дар муқобил, дар минтақаи баландкӯҳии лозури Ванҷях, тавре ки дар боло омад, миқдори солонаи боришот ба 1192 мм мерасад, ки 99 дарсади он ба шакли барф меборад – рақаме, ки таъсири орографии (кӯҳсози) қаторкӯҳҳои Ванҷу Академияи илмҳоро ба таври возеҳ нишон медиҳад: ҳангоме ки массаҳои ҳавоии намнок ба ин деворҳои азим бармехӯранд, ба боло ҳаракат карда, сард мешаванд ва намии худро дар шакли боришоти шадид дар минтақаҳои баландтар мепартоянд, дар ҳоле ки водиҳои поёнӣ дар ''«сояи боришот»'' боқӣ мемонанд.
Хоки водиҳо ҷигарӣ ва чаманзорӣ (чимтолӣ); хоки кӯҳҳо ва нишебиҳои онҳо даштӣ ва марғзору баландкӯҳ, ҷо-ҷо регзор аст. Аксари хокҳо серсанганд.
Дар водиҳо набототи даштӣ, дар кӯҳҳо ва доманаи онҳо дарахтони бед, арча, сафедор, буттаҳои ангат, зирк, бушол, настаран; дар баландии 2000-4000 м камол, юған, торон, ревоҷ (чукрӣ), куруш, фарк, курт, бодом, жағн, тӯс (буруҷ) ва ғайра мерӯянд. Дар водии Ванҷ дарахтони мевадор, аз қабили тут, зардолу, себ, чормағз хеле фаровонанд ва ҳосили хуб медиҳанд.
Аз ҳайвоноти ваҳшӣ паланг, хирс, гург, шағол, рӯбоҳ, оҳу, суғур, заргӯш, аз парандагон гунҷишк, ғулба, кабки реза, кабки дарӣ (ҳилол), кафтар, боз, ғалевоз, уқоб ва ғайра вомехӯранд.
=== Минтақабандии амудии эко-иқлимӣ ===
Бо сабаби тафовути шадиди баландӣ – аз 1500 метр дар қисматҳои поёнии водӣ то беш аз 6000 метр дар қуллаҳо – иқлими ноҳияи Ванҷ якранг нест, балки аз занҷираи пайдарпайи минтақаҳои эко-иқлимӣ иборат аст, ки ҳар кадоме шароити хоси гармову намнокӣ ва набототу ҳайвоноти мувофиқи худро доранд.
Дар баландии 1500-2000 метр, дар водиҳои Ванҷу Водхуд, иқлим гармтарину мусоидтарин аст; маҳз дар ҳамин минтақа, тавре ки дар боло зикр шуд, дарахтони меваовар – тут, зардолу, себу чормағз – ҳосили фаровон медиҳанд. Аз баландии 2000 то 4000 метр иқлим сардтар мешавад ва набототи дарахтии гармидӯст ҷои худро ба буттаву гиёҳҳои тобовар ба хушкии тобистона медиҳад; маҳз ҳамин минтақа, тибқи таҳқиқоти экологии барномаҳои ҷаҳонии ҳифзи табиати Осиёи Марказӣ, макони зисти намудҳои нодири эндемикӣ – аз ҷумла гиёҳи [*Nepeta badachschanica]* ва шабпараки нодири кӯҳӣ [*Parnassius autocrator]* – маҳсуб мешавад.<ref name="ref39">[https://portals.iucn.org/library/node/48972 World Heritage thematic study for Central Asia] (англ.) // IUCN Portals. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар баландии 4000-5500 метр, дар минтақаи тундраи кӯҳӣ ва марғзорҳои алпӣ, набототи дарахтӣ комилан аз байн меравад ва танҳо гиёҳҳои пастқад, ушна ва сангфаш (лишайник) боқӣ мемонанд; фаунаи ин минтақа – аз ҷумла паланг, хирс, суғур ва кабки дарӣ (ҳилол) – бештар дар фасли тобистон ба ин баландиҳо мебарояд ва бо фарорасии зимистон ба минтақаҳои поёнии гармтар муҳоҷирати амудӣ мекунад.<ref name="ref39" /> Ниҳоят, аз баландии 5500 метр боло, дар минтақаи нивалӣ-лозурӣ, олами яхбандии доимӣ оғоз мешавад, ки ба иқлими қутбҳои Замин монандӣ дорад ва манбаи асосии ғизогирии лозурҳои бузурги ноҳия, аз ҷумла лозури Ванҷях, ба шумор меравад.
=== Хатарҳои гидрометеорологӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ===
Иқлими шадидан қораии ноҳияи Ванҷ, ки бо боришоти пуршиддати баҳорӣ ва хушксолиҳои шадиди тобистона тавсиф мешавад, минтақаро ба яке аз осебпазиртарин ноҳияҳо аз лиҳози хатарҳои гидрометеорологӣ дар тамоми ҳавзаи рӯди Панҷ табдил додааст.<ref name="ref40">Climate Change Vulnerability Assessment Republic of Tajikistan: Building Climate Resilience in the Pyanj River Basin (англ.) // Climate Investment Funds (CIF). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ду омили асосии иқлимӣ сабабгори аксари сел ва обхезиҳо мебошанд. Аввал, вақте ки боришоти шадиди баҳорӣ бо баландшавии ногаҳонии ҳарорат ҳамроҳ мешавад, барфҳои нишебиҳои кӯҳӣ босуръат об шуда, заминро аз ҳад зиёд сернам мекунанд ва ба лағжиши қабатҳои замин ва фаромадани селҳои лойқадор оварда мерасонанд.<ref name="ref36" /> Дуюм, ҳангоме ки ҳарорати нимирӯзии тобистона ба атрофи +30 °C мерасад, суръати обшавии лозурҳо ба ҳадди аксар расида, метавонад боиси обхезиҳои ногаҳонии кӯлҳои лозурӣ гардад,<ref name="ref38" /> падидае, ки, тавре ки дар бахши ''«Лозурҳо ва қуллаҳо»'' зикр гардид, дар мисоли лозури Хирс борҳо ба амал омадааст.
Тибқи арзёбии осебпазирии иқлимӣ, ки дар доираи лоиҳаи минтақавии ''«Ташаккули устувории иқлимӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ»'' анҷом дода шудааст, деҳаҳои ноҳияи Ванҷ, аз ҷумла дар ҷамоатҳои Водхуду Язғулом, дар қатори минтақаҳои дорои хатари миёна ва баланди зарар аз сел ва обхезӣ гурӯҳбандӣ шудаанд.<ref name="ref40" /><ref name="ref41">[https://www.adb.org/projects/45354-002/main 45354-002: Building Climate Resilience in the Pyanj River Basin] (англ.) // Asian Development Bank. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Барои коҳиш додани ин осебпазирӣ, дар доираи лоиҳаҳои байналмилалии мутобиқшавӣ ба иқлим, дар ҳудуди ҷамоати Водхуд корҳои мустаҳкамкунии соҳили рӯди Ванҷоб ва барқарорсозии лӯлаҳои оби полезӣ анҷом дода шудаанд, ки ҳадафи онҳо ҳифзи заминҳои кишоварзӣ аз сел ва кафолати таъминоти об дар давраҳои хушксолии шадид мебошад.<ref name="ref40" /> Ин гуна тадбирҳои инфрасохторӣ, дар якҷоягӣ бо гузариш ба неруи барқи хурди обӣ (ниг. бахши ''«Энергетика»'') ва вобастагии иқтисоди хонаводаҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ (ниг. бахши ''«Муҳоҷирати меҳнатӣ»''), нишондиҳандаи равшани он мебошанд, ки иқлими шадиди кӯҳистонӣ на танҳо омили табиӣ, балки муайянкунандаи асосии тарзи зиндагӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ванҷ боқӣ мемонад.
{| class="wikitable"
!'''Ҷадвали 1. Хулосаи нишондиҳандаҳои иқлимии ноҳияи Ванҷ'''<ref name="ref36" /><ref name="ref32" /><ref name="ref34" /><ref name="ref37" /><ref name="ref38" />
|-
|'''Нишондиҳанда'''
|'''Қимат'''
|'''Тавзеҳ'''
|-
|Ҳарорати миёнаи солона
| +9,9 °C
|Истгоҳи Хумроғӣ
|-
|Ҳарорати миёнаи июл (гармтарин моҳ)
| +23,0...+25,0 °C
|Хумроғӣ / маркази ноҳия
|-
|Ҳарорати миёнаи январ (сардтарин моҳ)
|−4,9...−5,0 °C
|Истгоҳи Хумроғӣ
|-
|Амплитудаи миёнаи солонаи ҳарорат
|27,9 °C
|Нишондиҳандаи иқлими қораӣ
|-
|Максимуми мутлақ (рекорд)
| +36,6 °C
|Июли соли 2013
|-
|Минимуми мутлақ (рекорд)
|−20,5 °C
|Январи соли 2012
|-
|Боришоти солона (Хумроғӣ)
|341 мм
|Ҳавзаи болооби рӯди Ванҷ
|-
|Моҳи сербориштарин
|64 мм
|Март
|-
|Моҳи хушктарин
|1 мм
|Август
|-
|Намнокии нисбии ҳаво дар тобистон
|18-24 %
|–
|}
Тавсифи иқлимии асри XIX низ ба хусусиятҳои дар боло зикршуда мувофиқат мекунад: тибқи мушоҳидаи Юхновский (1894), водии Ванҷ, дар муқоиса бо дигар қисматҳои Дарвоз, аз лиҳози иқлимӣ фарқ дошта, азбаски бештар ба бодҳои шимолӣ кушода буд, зимистони он бо сахтии бештар тавсиф мешуд.<ref name="ref2112" /> Бо вуҷуди ин, тибқи гуфтаи сокинони маҳаллӣ, ки Юхновский овардааст, миқдори барфу борон он қадар зиёд набуд ва алоқаи роҳ дар тӯли дарёи Ванҷ одатан дар давоми сол қатъ намешуд; танҳо дар мавридҳои нодир, дар натиҷаи тӯфони барфӣ, роҳ аз 4 то 10 рӯз дар як сол баста мешуд.<ref name="ref2112" />
== Таърих ==
Ванҷ таърихи чандинҳазорсола дорад, ки осори таърихии он то ҳол пойбарҷоянд, аммо касе аз донишмандони таърих ва бостоншиносони тоҷик ба пажӯҳиши ҷиддии ин ганҷинаи таърих домани ҳиммат барназадааст. Сағонаҳо ва дахмаҳои Ванҷ худ далели ошкори таърихи чандҳазорсолаи ин куҳанбуманд. Бо ин ҳама, таърихи навини водӣ дар осори муаррихони тоҷик – мақолаи академик [[Раҳим Масов]] ''«Оид ба таърихи водии Ванҷ»'' ва китобҳои профессор [[Ҳайдаршо Пирумшоев]] – мавриди баррасии махсус қарор гирифтааст.<ref name="ref42">Масов Р. М. К истории Ванчской долины // Мероси ниёгон. — Душанбе, 1999. — № 4. — С. 20–30.</ref><ref name="ref2" />
Сарнавишти таърихии Ванҷ аз дигар мавзеъҳои тоҷикнишини Бухорои Шарқӣ ва ғарби Бадахшон чандон фарқе надошт. Фоҷиаҳое, ки дар ин ё он гардиши таърихӣ, мисли ҳуҷуми муғулҳо, темуриён ва тозиши дигар қабилаҳои кӯчии туркнажод ва хунрезиҳои ваҳшиёна дар давраи парокандагии феодалӣ рух доданд, бар ин сарзамин бетаъсир набуданд. Тоҷиконе, ки зери таъқибу фишори аҷнабиён қарор гирифта буданд, барои ҳифзи ҷони худ ба тагнои ин дараҳои дастнорас, ба каронаҳои рӯдҳои кӯҳӣ паноҳ бурданд ва ба ҷойҳои дурдасте кӯчиданд, ки сокинони маҳаллӣ дар он солиёни дароз бо кӯшишу ранҷи сахт қитъаҳои хурди заминро барои кишт созгор мекарданд.
Далели мустақими мардумшиносии ин падидаи муҳоҷират аз ҷониби шарқшиноси рус А. А. Семёнов, ки соли 1898 дар доираи экспедитсияи расмии граф А. А. Бобринский ба кӯҳҳои Зарафшону [[Қаротегин|Қаротегину]] Дарвоз сафар карда буд, сабт гардидааст:
''«Обитатели долины Ванджа говорили, что ихъ долина заселена недавно, лѣтъ сто тому назадъ, выходцами съ Хингоба. Это переселеніе, замѣтимъ, на Вандж съ Хингоба продолжается, вѣроятно, и до сихъ поръ: намъ здѣсь приходилось встрѣчать много туземцевъ, которые родились въ долинѣ Хингоба и недавно переселились на Ванджъ. Туземцы Дарваза по Пянджу передавали, что ихъ отцы заселили правый берегъ рѣки, когда лѣвый былъ занятъ, и пришли сюда изъ долины Хингоба, туда же переселились съ Ях-Су.»''
Тарҷума: ''«Сокинони водии Ванҷ мегуфтанд, ки водии онҳо на чандон пеш, тахминан сад сол қабл, аз ҷониби муҳоҷирони аз Хингов омада маскун шудааст. Ин муҳоҷират, бояд қайд кард, аз Хингов ба Ванҷ, эҳтимол, то ба имрӯз низ идома дорад: мо дар ин ҷо бисёр сокинонеро вохӯрдем, ки худашон дар водии Хингов таваллуд шуда, ба наздикӣ ба Ванҷ кӯчида буданд. Сокинони бумии Дарвоз дар соҳили Панҷ нақл мекарданд, ки падарони онҳо соҳили рости дарёро – вақте ки соҳили чап аллакай ишғол шуда буд – маскун сохтаанд ва ба ин ҷо аз водии Хингов омада буданд, ки худ пеш аз он аз Ях-Су ба он ҷо кӯчида буд»''.<ref name="ref43">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. — М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. — С. 20.</ref> Ин маълумоти мардумшиносӣ, ҳарчанд бар асоси ривояти шифоҳии сокинон дар охири асри XIX сабт шуда ва набояд ҳамчун санади мутлақи таърихӣ пазируфта шавад, бо ин ҳама, бо тасвири умумии дар боло овардашуда – ки водиро паноҳгоҳи гурезагони кӯҳистонӣ аз минтақаҳои гуногун меҳисобад – ҳамоҳангии комил дорад. Дар бораи таърихи куҳантари Ванҷ ҳанӯз манбаъи мувассақе ба даст нарасидааст. Аммо аз таҳқиқоти донишмандони руси тоинқилобӣ ва муҳаққиқони аҳди шӯравӣ бармеояд, ки Ванҷ қариб то охири асрҳои миёна истиқлоли худро нигоҳ медошт. Ин назарро донишманди маъруф, мутахассиси таърихи Бухорои Шарқӣ ва Бадахшон Б. Искандаров чунин баён кардааст:<ref name="ref44">Искандаров Б. И. Восточная Бухара и Памир во второй половине XIX в. Ч. 1–2. — Душанбе, 1962–1963.</ref>
Аз мулкҳои қаламрави Дарвоз сокинони Ванҷ нисбатан мустақилияти воқеъиро соҳиб буданд. Ин ноҳияро кӯҳҳои баланд иҳота мекунанд ва он аз шоҳроҳи пайвандгоҳи мулкҳои кишвар дар канор, дар наздикиҳои доманаи лозури Федченко ҷой дорад. Аз ин ҷиҳат мулки номбурда барои аҷнабиён дастнорас буд. Ба ин нигоҳ накарда, хонҳои [[Қӯқанд]] дар охири асри XVIII - ибтидои XIX борҳо барои ғасбу тобеъ намуданаш кӯшиш ба харҷ додаанд, вале ҳама талафоту харҷашон беҳуда анҷом ёфтааст.
Ванҷ дар замони истилои муғулон ва салтанати [[Темуриён]], [[Шайбониён]] ва [[Аштархониён]] ба таври расмӣ ҷузъи қаламрави онҳо шинохта мешуд, аммо амалан мустақил буд. Ин вазъиятро метавон дар замони ташаккули давлатдории Қӯқанд (авохири асри 18 - нимаи якуми асри 19) низ мушоҳида кард. Мувофиқи маълумоти маъхазҳо, Ванҷ то замони эътироф кардани ҳукумати шоҳи Дарвоз Исмоил (1845-1863) истиқлоли худро нигоҳ дошт. Дар замони ҳукмронии шоҳони вопасини Дарвоз (1863-1877) Ванҷ бахше аз қаламрави он ҳисоб меёфт. Баъд аз пайвастани Ванҷ ба Дарвоз иқтидори ҳокимони Дарвоз афзоиши чашмгире дошт, зеро бо ҳамроҳ шудани паҳлавонони ҳузарби ванҷӣ ба сафи лашкари Исмоилшоҳ имконоти ҷангии ӯ бамаротиб афзуд. Дар бораи муносибати мураккаби Ванҷ бо ҳокимони марказии Дарвоз, ки байни итоат ва муқовимат дар навасон буд, шаҳодати арзишманди дигаре аз офицери Штаби Генералии Русия, капитан А. Кузнецов боқӣ мондааст, ки соли 1892 ба таври пажӯҳиши ҳарбӣ аз Дарвоз дидан кардааст. Тибқи гузориши ӯ, гоҳе Шоҳони Дарвоз маҷбур мешуданд бар зидди бекҳои саркаши Ванҷ лашкар бифиристанд:
''«Тѣмъ не менѣе этимъ переваломъ во время оно Дарвозскіе Ша посылали войска съ артиллеріей въ Ванчъ на усмиреніе непокорныхъ бековъ, которые портили по Пянджу дорогу и занимали оборонительно тѣснины этой рѣки.»''
Тарҷума: ''«Бо ин ҳама, тавассути ҳамин ағба буд, ки замоне Шоҳони Дарвоз лашкар бо тӯпхона ба Ванҷ мефиристоданд, барои ба итоат овардани бекҳои саркаше, ки роҳи канори Панҷро вайрон мекарданд ва тангноҳои ин дарёро ба таври мудофиавӣ ишғол менамуданд»''.<ref name="ref45">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 12–13.</ref> Мисоли дигари ин рӯҳияи истиқлолхоҳонаи Ванҷ дар хотираи мардумӣ низ маҳфуз мондааст: тибқи иттилои Кузнецов, тахминан 120 сол пеш аз боздиди ӯ, яъне дар замони Шоҳ Иброҳими Дарвоз, ҳокими Ванҷ — Шабосхон — бо роҳи ағбаи Кашолаях ба Сариқул барои ғорати қирғизҳо лашкар кашида буд:
''«Послѣдній разъ этимъ переваломъ ходилъ управитель Ванча Шабосъ-ханъ въ Сары-Колъ грабить киргизъ. Это было 120 лѣтъ тому назадъ во время Дарвозскаго Ша-Ибрагима.»''
Тарҷума: ''«Бори охирин аз ҳамин ағба ҳокими Ванҷ, Шоҳаббосхон барои ғорати қирғизҳо ба Сариқул гузашта буд. Ин ҳодиса 120 сол пеш, дар замони Шоҳи Дарвоз Иброҳим, рӯй дода буд»''.<ref name="ref46">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 21–22.</ref>
Тибқи ривояти маҳаллӣ, ки муаррихон Р. Масов ва Ҳ. Пирумшоев дар асари бунёдии худ ''«Файзи истиқлол дар "Боми ҷаҳон"»'' сабт кардаанд, дар деҳаи Кулумбаи Боло то ба имрӯз нишонаҳои коркарди тилло боқӣ мондаанд, ки гӯё дар замони истилои муғулон навкарони Чингизхон мардуми маҳаллиро маҷбуран ба ин фаъолият сафарбар карда буданд.<ref name="ref47">Масов Р. М., Пирумшоев Ҳ. Файзи истиқлол дар «Боми ҷаҳон». — Душанбе: Дониш, 2011. — 412 с. — ISBN 978-99947-2-004-0. — С. 362–363.</ref> Ин ривоят нишон медиҳад, ки ҳарчанд қудратҳои бузург метавонистанд нуфузи худро ба таври муваққатӣ ва барои истихроҷи захираҳо таҳмил кунанд, онҳо ҳеҷ гоҳ натавонистанд назорати пурраи маъмуриро дар ин дараҳои маҳкам барқарор намоянд. Дар замони салтанати Темуриён низ, тибқи маълумоти муаррихи асримиёнагӣ Абдурраззоқи [[Самарқанд|Самарқандӣ]], агарчи минтақа расман дар итоати Темур буд, он аз ҷониби шоҳони маҳаллӣ идора мешуд ва ҳатто дар лашкари Темур ҳангоми муҳосираи Қалъаи Калот (соли 1381 милодӣ) дастаҳое аз сокинони Дарвозу Қаротегин хидмат мекарданд, ки гувоҳи иқтидори ҳарбии ин кӯҳистониён аст.<ref name="ref47" />
Дар охири асри XVIII ва нимаи якуми асри XIX хонҳои Қӯқанд якчанд маротиба кӯшиши тобеъ намудани Ванҷу Дарвозро ба харҷ доданд: дар замони салтанати Умархон (1810-1822) ва Мадалихон лашкаркашиҳои пайдарпай ба самти Қаротегину Дарвоз сурат гирифтанд; чунончи соли 1834 Мадалихон бо сарварии Машариф Атолиқ лашкари бузургеро барои саркӯб кардани шоҳзодагони фирории қӯқандӣ ба ин манотиқ фиристод, ки боиси даргириҳои шадид бо сипоҳиёни маҳаллӣ гардид.<ref name="ref48">Мудабирзода. Диссертатсия // Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш, 2025.</ref> Бо вуҷуди ин талошҳо ва хароҷоти зиёди ҳарбӣ, тавре ки дар боло аз қавли Искандаров зикр гардид, Ванҷ мустақилияти воқеии худро нигоҳ дошт.
Бо таваҷҷуҳ ба ин мавзӯъ, намояндаи расмии идораи Русия дар Туркистон Г. А. Арандаренко чунин қайд намудааст:
Дар давраи Исмоилшоҳ ба дарвозиён фурсат даст дод, ки ҳокимияти худро на танҳо дар Қаротегин ва Шуғнон густариш диҳанд, балки аз [[Кӯлоб|Кӯлобу]] [[Ҳисор]] низ боҷ биситонанд, гарчи дар муддати на чандон тӯлонӣ ҳам бошад.
Тибқи таҳқиқоти навтарин, Исмоилшоҳ дар авҷи иқтидори худ ба ин доираи васеъ ҳатто Рӯшонро низ тобеъ карда буд.<ref name="ref48" /> Вақте ки дар охирҳои солҳои 1860-ум ҳокимони Кӯлобу Ҳисор – Сарахон ва Абдулкаримбий – бо лашкари тахминан 50 ҳазор нафара ба муқобили ӯ бархостанд, Исмоилшоҳ бо дастгирии неруҳои содиқи худ, аз ҷумла паҳлавонони ванҷӣ, ба онҳо муқовимати шадид нишон дод.<ref name="ref48" />
Баъди ба Русия ҳамроҳ кардани Осиёи Миёна, амир Музаффар (1860-1885) бо дастгирии фармондори вилояти Туркистон манотиқи мустақиллу нимамустақилли Бухорои Шарқиро тасарруф кард ва нерӯҳои ҳарбии худро бо сарварии Худойназар (зимистони солҳои 1877-78) ба воситаи ағбаи Работ ба Қалъаи Хумб фиристод. Худойназар Қалъаи Хумбро ишғол кард, сипас ба самти Ванҷ ҳаракат намуд. Дар наздикии деҳаи Кеврон набарди сахте рӯй дод ва аскарони амир тавонистанд лашкари Дарвозро шикаст дода, таъқиби сарбозони боқимондаро идома диҳанд. Дастаи размандагони ихтиёрии Ванҷ ҳаракати сарбозони амирро дар назди Қалъаи Рохарв – маркази Ванҷ боздоштанд. Баъди муҳосираи бенатиҷаи қалъа сарбозони амир ба Қалъаи Хумб баргаштанд. Ванҷ баъди тобеъ шудани шоҳии Дарвоз боз ду сол истиқлоли худро нигоҳ дошт. Дар давраи салтанати сулолаи манғитиён Ванҷ яке аз амлокдориҳои нисбатан бонуфузи бекии Дарвоз ба шумор мерафт.
Амлокдори Ванҷро ''«мир»'' ва ё ''«шоҳ»'' меномиданд, яъне мири Ванҷ ё шоҳи Ванҷ. Вижагии вазифаи мирӣ дар Ванҷ дар ин буд, ки номзадии мири Ванҷро бо машварат ва ройзании шахсиятҳои бонуфузи маҳаллӣ пешбарӣ мекарданд, сипас мири Дарвоз бар ӯ мувофиқат мекард ва аз амири [[Бухоро]] таъйиди ниҳойӣ дарёфт мешуд. Ҷамъ намудани андоз ва уҳдадориҳои феодалӣ ба зиммаи мир гузошта шуда буданд.
Муҳимтарин санади таърихӣ, ки сохтори деҳаҳо ва демографияи ин давраро тасдиқ мекунад, ҳуҷҷати барӯйхатгирии саросарии [[Аморати Бухоро]] дар соли 1914 мебошад. Тибқи ин санад, ки 6-уми моҳи рабиъу-с-сонии соли 1332-и ҳиҷрӣ (мутобиқ ба марти соли 1914) аз тарафи беки Дарвоз Абдусатторбек Бийи Додхоҳ бо муҳр тасдиқ шудааст, маркази амлокдории Ванҷ расман дар деҳаи Рохарв (макони Қалъаи Ванҷ) сабт гардидааст.<ref name="ref49">Ванҷ ва Язгулом 112 сол пеш аз ин // Газетаи мардумии СССР. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Ин рӯйхати нодир нишон медиҳад, ки аксари мутлақи деҳаҳои имрӯзаи водӣ ҳанӯз сад сол қабл бо ҳамон номҳои таърихии худ вуҷуд доштанд ва қисми узвии сохтори маъмурии амлокдорӣ буданд.<ref name="ref49" />
=== Санадҳои таърихӣ ва фармонҳои шоҳон ===
Илова бар санади расмии барӯйхатгирии Аморати Бухоро, дар Ванҷ намунаҳои қадимтари номанигории маҳаллӣ низ то замони мо расидаанд, ки худ аз сатҳи баланди фарҳанги хаттии минтақа ва мавҷудияти дастгоҳи мураттаби идоракунӣ дар назди шоҳони Дарвоз шаҳодат медиҳанд.
Аз ҷумла, дар фармони Маҳмудхон ибни Султон Маҳмудхон, ки ба соли 1293 ҳиҷрӣ (1876 милодӣ) тааллуқ дорад, ба сокинони қаламрави Ванҷ, аз ҷумла деҳаҳои Роғ ва Ускроғ, чунин эълон шудааст:
''«Ҳазрати воҷиб таоло... чун осори хидматгорӣ ва вазоифи ризоҷӯӣ аз ҷабини Исмоил ибни Додхо зоҳиру ҳувайдо гардида, ба ин тариқа ки дар ҷанги боғи Қалъаи Хум, ки миёни дарвозӣ ва кӯлобӣ воқеъ шуд ва далериҳо намуда, аспу аслиҳаи душманро ғанимат гирифта... мо ҳам лоиқи тарбият ва муносиби мурувваташ дида, як ҷомаи раъси алоча, ки солиёна амал дошт, маоф намуда, ба худаш бахшидем... Санаи 1293/1876. Мӯҳр: Маҳмудхон ибни Султон Маҳмудхон.»<ref name="ref2092">"Намунае чанд аз услуби номанигорӣ ва санаднигории қабл аз омадани русҳо дар Ванҷ" (аз соли 1876 милодӣ) // Аз маводи бойгонии маҳаллии Ванҷ.</ref>''
Ин фармон, ки хидматҳои ҳарбии Исмоил ибни Додхоро дар ҷанги боғи Қалъаи Хум (миёни дарвозиён ва кӯлобиён) эътироф намуда, ӯро аз пардохти андози солонаи ҷома (маоф) озод мекунад, гувоҳи он аст, ки шоҳони Дарвоз низоми мукаммали мукофотдиҳӣ ва андозситонии феодалиро идора мекарданд.
Санади дигаре, ки ба соли 1824 милодӣ тааллуқ дорад, номаи сокинони Водхуд ба сокинони Пшихарв аст, ки дар он аз рабудану куштани чорвои ҳамдигар шикоят шудааст:
''«...аз қадимулайём мо-ён ба шумоён духтар дода, духтар гирифта. Чӣ шудааст, ки дар асри шумо оқсақолон ин тариқа корҳои беҳудаи фасодӣ ва дуздию ғорати бисёр пайдо шуда истодааст. Нарбузи Иброҳимро фармудед қасдан гирифта кушта хӯрдед...»<ref name="ref2102">"Намунае чанд аз услуби номанигорӣ ва санаднигории қабл аз омадани русҳо дар Ванҷ" (аз соли 1824 милодӣ) // Аз маводи бойгонии маҳаллии Ванҷ.</ref>''
Мавҷудияти чунин номаву фармонҳо, ки байни оилаҳои хешованди Пшихарву Водхуд – ки анъанан ба ҳамдигар духтар медоданду мегирифтанд – ҳам барои эълони мукофот ва ҳам барои ҳалли баҳсҳои ҳуқуқӣ истифода мешуданд, нишон медиҳад, ки дар Ванҷи пеш аз омадани Русия сокинон барои ҳалли масъалаҳои баҳсбарангез аз роҳҳои расмии ҳуқуқӣ ва анъанаи хаттӣ истифода мебурданд, на танҳо аз доварии урфӣ.
Сокинони водии Ванҷ [[Инқилоби Октябр|Инқилоби Октябрро]] нисбатан хуб пазируфтанд, вале пас аз муддати кӯтоҳе муборизони маҳаллии муқовимат, аз пайравони Фузайл Махсум ва дигарон, ки бо номи ''«босмачиён»'' маъруфанд, чандин бор бо Артиши Сурх ва давлати шӯравии мустақарр дар Ванҷ даргир шуданд. Дар ин даргириҳо барои дифоъ аз ҳукумати шӯравӣ фидоиёни маҳаллӣ, мисли М. Давлатов, С. Раупов, Т. Шарифов, В. Эҳсонов, У. Меҳралишоев, Ҷ. Сафоев, Қ. Собиров ва дигарон ширкат доштанд.
Тафсилоти иловагӣ дар бораи ҳамин рухдодҳо — аз ҷумла робитаи онҳо бо мудохилаи Британия дар минтақа — дар мақолаи Т. Г. Абаева дар бораи пажӯҳишҳои А. В. Станишевский омадааст:
''«Басмаческий налет весной 1929 г. на Гарм и на Ванчский район Западного Памира был осуществлен под руководством капитана Вуда-Балларда, помощника малакандского политического агента по Читральскому княжеству.»''
Тарҷума: ''«Ҳамлаи босмачиён дар баҳори соли 1929 ба Ғарм ва ба ноҳияи Ванҷи Помири Ғарбӣ таҳти роҳбарии капитан Вуда-Баллард, ёрдамчии агенти сиёсии малаканд оид ба амораи Читрал, амалӣ гардид.»''.<ref name="ref50">Абаева Т. Г. Исследования А. В. Станишевского (Азиза Ниалло) о Памире // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 281.</ref>
Бино бар сарчашмаҳои таърихӣ, дар асрҳои миёна Ванҷ се ниҳиштаи маъдани оҳансанг дошт. Ҳанӯз дар оғози асри XX истихроҷи оҳан, гудохтани он ва оҳангарӣ яке аз пешаҳои асосии мардуми маҳаллии Ванҷ буд, ки бо ин пеша манотиқи муҷовирро бо оҳан ва афзоли хоҷагӣ, асбоби кишоварзӣ, корду шамшер ва дигар аслиҳа таъмин мекарданд.<ref name="ref51">Камалиддинов Ш. С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX — начала XIII вв. — Ташкент: Ӯзбекистон, 1996.</ref> Ин касби мардумии ванҷиёнро шарқшиноси маъруф М. С. Андреев ҳанӯз соли 1926 дар рисолаи махсуси худ ''«Истеҳсоли оҳан дар водии Ванҷ»'' муфассал тавсиф кардааст.<ref name="ref52">Андреев М. С. Выработка железа в долине Ванча (верховья Аму-Дарьи) / Общество для изучения Таджикистана и иранских народностей за его пределами. — Ташкент: тип. Востказгосиздата, 1926. — С. 5–18.</ref>
Тибқи маълумоти иловагӣ дар бораи ин ҳунари мардумӣ, гудозиши оҳан дар кӯраҳои махсуси заминӣ - чиндонҳо, ки аз сангҳои тарошиданашуда ва гил сохта мешуданд, анҷом мепазируфт; оташро тавассути дамҳои аз пӯсти буз сохташуда меафрӯхтанд ва ҳамчун сӯзишворӣ аз ангишти чӯб ва барои афрӯхтани оташ, буттаи кӯҳии ''«пӯш»''-ро истифода мекарданд.<ref name="ref53">[https://istmat.org/files/uploads/43175/i.e.hodorov_tadzhikistan_v_narodnom_hozyaystve_sssr.pdf Ходоров И. Е. Таджикистан в народном хозяйстве СССР] (рус.) // Исторические материалы (istmat.org). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Як чунин кӯра тавоноӣ дошт, ки дар як шабонарӯз то 240 килограмм маъданро коркард намояд ва раванди пайвастаи гудозиш аз 2 то 5 шабонарӯз идома меёфт;<ref name="ref53" /> маҳз ҳамин технологияи маҳаллӣ ба Ванҷ имкон медод, ки аз воридоти металл аз берун вобаста набошад ва артиши худро бо аслиҳаи сард таъмин карда, худкифоии ҳарбию иқтисодиро кафолат диҳад.
Шаҳодати мустақил ва қадимтарини мустанад дар бораи ин анъанаи оҳангарӣ, ки бисту се сол пеш аз тадқиқоти Андреев сабт шудааст, аз гузориши капитан Кузнецов (соли 1892) бармеояд:
''«Серебро имѣется въ Джумарчскомъ амилякдарствѣ, свинецъ, олово у кишлака Вараунъ, желѣзо по р. оби-Ванчъ, главнымъ образомъ въ окрестностяхъ кишлака Техарви, кишлака Потау и кишлака Вань-Вань. Туземцы берутъ желѣзную руду, лежащую только на верхнихъ слояхъ земли; обжигаютъ ее въ особо-устроенныхъ печахъ, причемъ изъ 2 пудовъ руды получается желѣза полъ-пуда.»''
Тарҷума: ''«Нуқра дар амлокдории Ҷумарҷ мавҷуд аст, сурбу қалъагӣ — дар канори рустои Баравн, оҳан бошад — дар канори дарёи Ванҷ, асосан дар атрофи рустоҳои Техарв, Потов ва Ван-ван. Бумиён маъдани оҳанро, ки танҳо дар қабатҳои болоии замин ҷой дорад, бармедоранд; онро дар кӯраҳои махсус месӯзонанд, ки дар натиҷа аз ду пуд маъдан ним пуд оҳан ба даст меояд»''.<ref name="ref54">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 55–56.</ref> Кузнецов инчунин истихроҷи тиллоро дар ҳавзаи дарёи Ванҷ (дар канори Сағирдашту Язғулом), ки бо усули ибтидоии кӯшмаву ғалбер сурат мегирифт, тасвир кардааст ва аз байни ҳунарҳои дастии амлокдории Ванҷ, махсусан кордсозиро зикр намудааст:
''«Изъ кустарнаго производства обращаетъ на себя вниманіе только выдѣлка ножей въ Ванчскомъ амилякдарствѣ, да повсюду приготовленіе мату для одежды.»''
Тарҷума: ''«Аз ҳунарҳои дастӣ танҳо кордсозӣ дар амлокдории Ванҷ ва — дар ҳама ҷо — тайёр кардани мату барои либос таваҷҷуҳро ҷалб мекунад»''.<ref name="ref55">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 68.</ref>
Ванҷ аз замони [[Сомониён]] то соли 1877 ҳукумате мустақил дошта, фармонравоёни онро шоҳ мехондаанд. Соли 1878 амири Бухоро ба Дарвоз лашкар кашид ва пас аз хиёнати баъзе дарвозиён ба Дарвоз муставлӣ шуд; Дарвозро бекигарӣ ва Қалъаи Хумбро қароргоҳи урдуи манғитиён гардонд. Дарвоз тайи солҳои 1878-1920 яке аз бекигариҳои Бухоро буд ва бек дар Қалъаи Хумб менишаст ва мир хонда мешуд. Бо вуҷуди ин ҳама, Ванҷ зоҳиран дар итоати бекигарӣ буд, вале истиқлоли худро нигаҳ дошт ва пои шуми сипоҳи манғитиён ба Ванҷзамин нарасид.
Тафсилоти иловагӣ дар бораи лаҳзаҳои ниҳоии хонигарии мустақили Дарвоз низ дар ҳамин гузориши Кузнецов сабт шудааст. Тибқи маълумоти ӯ, дар арафаи суқут, аз тамоми қаламрави собиқи хонигарӣ ба охирин Шоҳи Дарвоз — Сераҷетдин — танҳо чанд мулки марказӣ, аз ҷумла худи Ванҷ, боқӣ монда буд:
''«...послѣднему дарвозскому Ша Сераджетдину принадлежали только Кала-и-Хумбъ, Ванчъ, Язулемъ, всѣ амилякдарства лѣваго берега Пянджа съ Хагономъ включительно, Хуллезъ и Вахія.»''
Тарҷума: ''«...ба охирин Шоҳи дарвозӣ Сироҷидин танҳо Қалъаи Хумб, Ванҷ, Язғулом, тамоми амлокдориҳои соҳили чапи Панҷ то Ҳагонро (Деҳагон, Деҳхагон) дар бар гирифта, инчунин Хулоз ва Вахё тааллуқ доштанд»''.<ref name="ref56">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 5.</ref> Ва ҳангоме ки соли 1878 сипоҳи бухороӣ бо сарварии Худойназар-Атолиқ ногаҳон ба Қалъаи Хумб наздик шуд, Сироҷидин-Шоҳ бидуни ҷанг таслим гардид, вале роҳи гурези худро маҳз аз тариқи Ванҷ интихоб намуд:
''«Сераджетдинъ-Ша сдалъ крѣпость безъ бою, а самъ бѣжалъ черезъ Ванчъ въ Кокандъ къ Худаяръ-хану.»''
Тарҷума: ''«Сироҷидин-Шоҳ қалъаро бидуни ҷанг таслим кард, худаш бошад, аз тариқи Ванҷ ба Қӯқанд, назди Худоёрхон гурехт»''.<ref name="ref57">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 6.</ref>
=== Экспедитсияи сарҳадии соли 1893 ===
Соли 1893 экспедитсияе бо мақсади таҳқиқи марзҳои берунии Империяи Русия бо Форсу Афғонистон ва барқарор кардани назорати гумрукии сарҳадӣ дар ҳудуди вилояти Наздикаспӣ ва Хонигарии Бухоро ташкил дода шуд. Яке аз аъзои ин экспедитсия, капитани штаби генералии Февралёв, қитъаи камомӯхтаи сарҳадро аз дарёи Ванҷ дар тӯли рӯдҳои Панҷу Ому то истеҳкоми [[Керкӣ]] таҳқиқ намуд.<ref name="ref2112" /> Дар натиҷаи ин таҳқиқот, ки минтақаи баландкӯҳии шарқи Бухороро низ фаро мегирифт, машварати махсуси аъзои экспедитсия бо шахсиятҳои соҳибнуфузи давр — губернатори ҳарбии вилояти Самарқанд граф Н. Я. Ростовцов ва агенти сиёсии Русия дар Бухоро П. М. Лессар — баргузор гардид.<ref name="ref2112" /> Натиҷаи ин машварат чунин буд, ки минтақаи мазкур, ба сабаби вазъи вуҳушонаву душвории убури он, аз ҷониби постҳои назорати сарҳадӣ ишғол нагардад; ба ҷои он, хатти назорати сарҳадӣ аз рустои Боғорак тавассути Дарвозу Қаратегин, аз пунктҳои Қалъаи Хумб, Тобидара, Ғарм ва Думбарачӣ, то пайвастшавӣ бо хатти назорати сарҳадии вилояти [[Фарғона]] гузаронида шуд.<ref name="ref2112" /> Тибқи дастури сарфармондеҳи кулли вилояти Туркистон, барон А. Б. Вревский, аз пости Қалъаи Хумб бояд як гашти патрулӣ ба рустои Рохар дар соҳили дарёи Ванҷ фиристода мешуд, зеро маҳз ба водии ҳамин рӯд роҳҳои аз Рӯшон меомадагӣ мебаромаданд.<ref name="ref2112" />
Соли 1895 бекигарии Дарвоз, ки дар ҳар ду канораи рӯди Панҷ қарор дошт, дар паи ҷаҳонгириҳои Русия ва Британия дупора гардид: канораи рост ба аморати Бухоро ва канораи чап ба Афғонистон дода шуд.<ref name="ref58">Постников А. В. Схватка на «Крыше Мира»: политики, разведчики и географы в борьбе за Памир в XIX веке. — М.: Памятники исторической мысли, 2001. — 416 с. — ISBN 5-88451-100-0.</ref>
Ванҷ то соли 1920 амлокдории Қалъаи Ванҷи бекигарии Дарвози аморати Бухоро буд. Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 Ванҷ аз соли 1920 то 1924 чун тумани Ванҷ дар ҳайати вилояти Ғарми [[Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро]] ҷой дошт. Солҳои 1925-1926 Ванҷ чун ҷузъи тумани Қалъаихумби вилояти Ғарми ҶМШС Тоҷикистон ҳисоб меёфт. Солҳои 1926-1930 волости Ванҷ дар ҳайати ВМКБ буд. Солҳои 1930-1933 Ванҷ чун қисми ҳудуди ноҳияи Қалъаихумб бевосита дар тобеъияти ҷумҳурӣ буд.
Тибқи Қарори Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон аз 29 майи соли 1933, №46 расман ноҳияи Ванҷ таъсис ёфта, то соли 1937 дар тобеъияти бевоситаи ҷумҳурӣ қарор дошт. Дар асоси Қарори Президиуми КИМ-и Шӯроҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 августи соли 1937, №43 ноҳияи Ванҷ бо ҳамаи деҳшӯроҳояш: Ванҷ, Водхуд, Рованд, Техарв, Жовуд ва Язғулом расман ба ҳайати ҳудудии ВМКБ гузаронида шуд. Бино бар ин, ноҳияи Ванҷ ҳамчун воҳиди маъмурӣ дар ҳайати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 11 августи соли 1937 ташаккул ёфтааст.
{| class="wikitable"
!'''Ҷадвали 2. Таҳаввулоти маъмурию ҳудудии Ванҷ (то соли 1878 – соли 1937)'''
|-
|'''Марҳилаи таърихӣ'''
|'''Мақоми маъмурию ҳудудӣ'''
|'''Тобеияти давлатӣ/минтақавӣ'''
|-
|То соли 1878
|Мухторияти комил / Иттиҳод бо Дарвоз
|Идоракунии мустақил таҳти сарварии шоҳ
|-
|1878-1920
|Амлокдории Қалъаи Ванҷ
|Бекигарии Дарвоз, Аморати Бухоро
|-
|1920-1924
|Тумани Ванҷ
|Вилояти Ғарми Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро
|-
|1925-1926
|Ҷузъи тумани Қалъаихумб
|Вилояти Ғарми ҶМШС Тоҷикистон
|-
|1926-1930
|Волости Ванҷ
|Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
|-
|1930-1933
|Қисми ноҳияи Қалъаихумб
|Тобеияти бевоситаи ҶШС Тоҷикистон
|-
|29 майи 1933
|Ноҳияи Ванҷ (таъсиси мустақил)
|Тобеияти бевоситаи ҶШС Тоҷикистон
|-
|11 августи 1937
|Ноҳияи Ванҷ бо 6 деҳшӯро
|Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ)
|}
Дар нимаи солҳои 1950-ум сиёсати муҳоҷиркунонии аҳолии кӯҳистон ба водиҳои пахтакор ба Ванҷ низ бетаъсир намонд: соли 1954 сокинони водии Язғулом ба ноҳияи Куйбишеви водии Вахш кӯчонида шуданд. Гармои тоқатфарсо, беморшавии оммавӣ ва фавти зиёди кӯдакон ин муҳоҷиратро барои кӯчидагон фоҷиабор гардонд ва бахши зиёди онҳо тадриҷан ба зодгоҳи худ баргаштанд, ҳарчанд на ҳама; як ҷамоаи язғуломизабон то имрӯз дар водии Вахш боқӣ мондааст.<ref name="ref59">[https://iling-ran.ru/web/ru/scipop/blog/1911_edelman Из полевых записей середины прошлого века. Об экспедициях в язгулямский язык в 1950-х гг.] (рус.) // Сомонаи Пажӯҳишгоҳи забоншиносии Академияи илмҳои Русия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="ref60">[http://field-ling.moscow/c/language/yazghulami/ Язгулямский язык] (рус.) // Экспедиции Московской школы полевой лингвистики. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="ref61">Астрономические знания язгулемцев (рус.) // Восток (Oriens). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Осори таърихӣ ==
Дар қаламрави Ванҷ мавзеъ, осор ва ёдгориҳои таърихии бисёр вуҷуд доранд, вале то ҳол таҳқиқоти шоистае дар ин росто анҷом наёфтааст. Тибқи омори соҳаи сайёҳии ВМКБ, дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ ба ҳолати соли 2024 15 ёдгории таърихию фарҳангӣ ба қайд гирифта шудааст.<ref name="ref62">[https://ctd.tj/2024/03/30/%D1%85%D0%B0%D0%B1%D0%B0%D1%80-%D0%B0%D0%B7-%D2%B7%D0%B0%D2%B3%D0%BE%D0%BD-%D0%B0%D0%B7-%D1%82%D0%B0%D0%B1%D0%B8%D0%B0%D1%82-%D0%B1%D0%B0-%D1%81%D0%B0%D0%BD%D1%8A%D0%B0%D1%82%D0%B8-%D0%B8%D0%BD/ Аз табиат ба санъати инсонӣ: 7 муъҷизаи нави ҷаҳонӣ номида шуд] // Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30 марти 2024. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Барои дарки мантиқи ҷойгиршавӣ ва моҳияти ин осор, бояд заминаи таърихию сиёсии ташаккули онҳоро дарк намуд. Бино бар маълумоти таърихномаҳои асримиёнагӣ, дар садаҳои VII-VIII қаламрави кунунии Ванҷ ҷузъи вилояти таърихии Кумед буд, ки болооби дарёи Вахшро фаро гирифта, сарзамини имрӯзаи ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ва шимоли Бадахшонро дар бар мегирифт.<ref name="ref63">[[Таърихи Тоҷикистон]] // Википедиа. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Баъдтар, дар асрҳои миёна, Ванҷу Дарвоз як сарзамини воҳидро ташкил дода, бо номи ''«Курон»'' ёд мешуданд, ки маркази он деҳаи кунунии Кеврон будааст.<ref name="ref64">Таърихи шаҳр // Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Маҳз дар ин заминаи қадимии сиёсӣ, ки бо мустақилияти нисбии маҳаллӣ ва хатари доимии ҳуҷумҳои беруна тавсиф мешуд, эҳтиёҷ ба бунёди қалъаҳои мустаҳкам ба миён омад.
Пеш аз тавсифи муфассали Мушкетов, қадимтарин шаҳодати мустанади русиро дар бораи ин қалъа низ капитан Кузнецов дар гузориши соли 1892-и худ сабт кардааст. Ӯ зимни тавсифи амлокдории Ванҷ чунин навиштааст:
''«Ванчское амилякдарство расположено по р. Ванчъ и частью по правому берегу р. Пянджъ. Мѣстопребываніе амилякдара кишлакъ Кала-и-Рохарвъ (на нашихъ картахъ Кала-и-Ванчъ); имѣется небольшая крѣпостца.»''
Тарҷума: ''«Амлокдории Ванҷ дар канори дарёи Ванҷ ва қисман дар соҳили рости дарёи Панҷ ҷойгир аст. Маҳалли иқомати амлокдор рустои Қалъаи Рохарв аст (дар харитаҳои мо — Қалъаи Ванҷ); дар он қалъачаи хурде мавҷуд аст»''.<ref name="ref65">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 79.</ref>
Ин иттилои Кузнецов, ки бисту се сол пеш аз тавсифи муфассали Мушкетов сабт шудааст, собит месозад, ки номи ''«Қалъаи Ванҷ»'' барои Рохарв аллакай дар харитаҳои расмии охири асри XIX ба кор мерафт ва Рохарв аз ҳамон замон ҳамчун маркази маъмурии амлокдории Ванҷ шинохта мешуд.
Қалъаи Ванҷ дар баландии соҳили рости Ванҷоб, дар масофаи 15 км аз резишгоҳи он ба дарёи Панҷ воқеъ гашта буд. Мавқеъияти ин қалъа аз нигоҳи ҳарбию стратегӣ бисёр созгор будааст ва ба муҳофизонаш имкон медодааст, ки муддати тӯлонӣ аз худ дифоъ кунанд. Тавсифи илмии Рохарв ва қалъаи онро ҳанӯз соли 1916 узви Ҷамъияти ҷуғрофии Русия Д. И. Мушкетов интишор додааст.<ref name="ref5" /> Дар мақолаи худ, ки натиҷаи боздиди шахсии ӯст, Мушкетов мавқеи стратегии Рохарвро чунин тавсиф кардааст:
''«Административнымъ центромъ Ванча всегда былъ и есть базарный кишлакъ Рохаръ (или Рохарвъ) въ 40 дворовъ, расположенный на правомъ берегу рѣки, въ двадцати верстахъ выше ея устья, на высотѣ 5.950 футъ, у моста, ведущаго къ перевалу Гушхонъ, запирая собой, слѣдовательно, единственный конный путь на Язгулемъ, Рошанъ и Памиръ. Это важное стратегическое положеніе и было использовано древними '<nowiki/>'''правителями Ванча – «Шо», воздвигнувшими здѣсь крѣпость (Кала-и-Ванчъ) и избравшими ее для своей резиденціи.»'''''
Тарҷума: ''«Маркази маъмурии Ванҷ ҳамеша рустои бозории Рохар (ё Рохарв) буд ва то ҳол ҳамин аст – бо 40 хонавода, дар соҳили рости дарё, дар бисту версти болотар аз резишгоҳи он, дар баландии 5950 қадам, назди пуле, ки ба ағбаи Гушхон мебарад, ва бо ин васила ягона роҳи аспсаворро ба Язғулом, Рӯшон ва Помир мебандад. Маҳз ҳамин мавқеи муҳими стратегӣ буд, ки ҳокимони қадимии Ванҷ – «Шоҳ»-ҳо – истифода бурда, дар ин ҷо қалъа (Қалъаи Ванҷ) бино карданд ва онро барои худ қароргоҳ интихоб намуданд»''.<ref name="ref66">Мушкетов Д. И. Рохаръ (Кала-и-Ванчъ). — Петроградъ: Типографія М. М. Стасюлевича, 1916. — (Отдѣльный оттискъ изъ тома LII (1916 г.) Извѣстій Императорскаго Русскаго Географическаго Общества № 876). — С. 7.</ref> Мушкетов инчунин интихоби маҳалли қалъаро аз нигоҳи амниятӣ шарҳ додааст:
''«Мѣсто выбрано весьма хорошо и удобно, на возвышеніи, съ котораго открытый видъ во всѣ стороны, и долина Ванча, какъ на ладони; рѣка отъ стѣнъ крѣпости въ 3 қулочяхъ, но для обезпеченности водоснабженія имѣлся къ ней подземный ходъ; невдалекѣ, на луговинѣ у рѣки, имѣется прудикъ, наполняемый ключемъ теплой, солоноватой воды, предоставляющій идеальное купанье.»''
Тарҷума: ''«Ҷой хеле хуб ва мувофиқ интихоб шудааст, дар баландие, ки аз он манзараи кушода ҳар тараф дида мешавад ва тамоми водии Ванҷ мисли кафи даст намоён аст; дарё аз деворҳои қалъа дар масофаи 3 қулочӣ ҷой дорад, вале барои таъмини бехатари обтаъминкунӣ роҳи зеризаминӣ ба он вуҷуд дошт; дар наздикӣ, дар марғзори лаби дарё, ҳавзчае ҳаст, ки аз чашмаи оби гарму намакини он пур мешавад ва барои шиноварии беҳамто мувофиқ аст»''.<ref name="ref66" /> Дар бораи сохти худи қалъа Мушкетов навиштааст:
''«Постройка, конечно, глинобитная, но довольно массивная, со стѣнами до 4 қулочей высотой, обнесенными съ трехъ сторонъ рвомъ, съ бойницами и пятью угловыми башнями. Внутреннія перегородки частью деревянныя, равно какъ и колонны, балки и двери, тонкой, старинной рѣзной работы.»''
Тарҷума: ''«Бино, албатта, гилину похсагин, валекин бисёр мустаҳкаму матин аст, бо деворҳои баланди чаҳорқулоча, ки аз се сӯйи он, хандақе бар гирди он кандаанд, бо тиркашҳову бурҷҳои панҷгонаи кунҷӣ. Деворҳои миёнгини дохилӣ, қисман, чӯбинанд, ҳамчунин, сутунҳову болорҳову дарҳои он, ки бо кандакории нафису куҳан оростаанд»''.<ref name="ref66" />
Мушкетов санаи боздиди худ ва оғози кашидани нақшаи қалъаро низ қайд кардааст: ''«Многое уже разрушено (мое посѣщеніе относится къ 11 іюля 1905 г.), но общее расположеніе еще сохранилось и я, пользуясь обстоятельными поясненіями почтеннаго шейха-токсабы Ванча, снялъ планъ всей крѣпости»'' (тарҷума: ''«Бисёр чиз аллакай хароб шудааст (боздиди ман ба 11 июли соли 1905 рост меояд), вале тартиби умумӣ то ҳол нигоҳ дошта шудааст ва ман, бо истифода аз тавзеҳоти муфассали шайх-тӯксабои эҳтиромноки Ванҷ, нақшаи тамоми қалъаро кашидам»'').<ref name="ref66" />
Нақшаи қалъа, ки Мушкетов кашидааст, 27 ҳуҷраву қисми қалъаро бо рақам нишон медиҳад, ки шарҳи онҳо чунин аст:<ref name="ref66" />
Ур - обдорхона
Дарвозахона – ҳуҷраи нигаҳбонону дарбонон
Ҳуҷраи навкарҳо
Бадарравхона – ҳоҷатхона
Долон – ҳавлии аспҳо
Ахтахона – оғилхона, ва болои он анборхонаи алаф
Пештоқ – гузаргоҳи пӯшида
Фаррошхона – ҳуҷраи сайисон
Пештоқи дуюм (баландии 3 қулоч)
Гулгунхона – ҳуҷраи пазириши меҳмонон
Ҳуҷраи худи шоҳ
Қӯрғон – сарбозхона (харобшуда)
Ғуломгардиш – долони мамониаткунандаи дидани занони дар боғ гардандагӣ
Ошхона – ошхона
Роҳрав – долон
Ғуломгард – гузаргоҳ ба қисми занона
Хазина – ҳуҷраи хазинадорӣ
Ҳаммом – ҳаммом
Пештоқи занона
Ҳуҷраи зани шоҳ – тобистона
Ҳуҷраи зани шоҳ – зимистона
Тӯпхона – манора
Рӯйи ҳавлӣ – ҳавлии пӯшида
Ҳарам (харобшуда)
Анборхона (болои ҳуҷраи 16)
Манора – ҳоло ҳуҷраи меҳмонон – меҳмонхона
Оғози роҳи зеризаминӣ ба сӯи дарё
Дар масофаи як версти болотари Рохар, дар канори роҳ, Мушкетов ду гӯри қадимиро низ ба қайд гирифтааст: ''«Въ верстѣ выше Рохара по долинѣ, около дороги, двѣ древнихъ гробницы съ фигурными стѣнами, имѣющими какое-то отношеніе къ крѣпости; интересно, что на могильномъ шестѣ, помимо обычныхъ куска матеріи и конскаго хвоста (на боковой перекладинѣ), сверху помѣщены изображенія сложенной руки (ладони) и голубя»'' (тарҷума: ''«Дар як версти болотар аз Рохар, дар паҳлӯи роҳ, ду гӯри қадимӣ бо деворҳои нақшдор ҳастанд, ки бо қалъа алоқаи муайяне доранд; ҷолиб ин аст, ки бар болои чӯби қабр, ба ғайр аз пораи матоъ ва думи асп (дар чӯби паҳлӯӣ)-и маъмулӣ, тасвири дасти гирдкардашуда (кафи даст) ва кабутар низ гузошта шудааст»'').<ref name="ref66" />
Ба ғайр аз ин, Мушкетов дар поварақи худ ёдовар шудааст, ки ягона роҳи воридшавӣ ба водӣ аз тарафи Панҷ низ бо қалъаи хурди дигаре мустаҳкам карда шуда буд: ''«Этотъ единственный выходъ кромѣ того очень искусно былъ загражденъ небольшой крѣпостцей, остатки которой еще видны на изолированномъ холмѣ въ устьѣ Ванча»'' (тарҷума: ''«Ин ягона баромадгоҳ аст, илова бар ин, хеле моҳирона бо қалъачаи хурде масдуд шуда буд, ки бақоёи он то ҳанӯз дар теппаи ҷудоуфтодаи резишгоҳи Ванҷ ҳувайдоанд»'').<ref name="ref67">Мушкетов Д. И. Рохаръ (Кала-и-Ванчъ). — Петроградъ, 1916. — Тавзеҳот, №4.</ref>
Тибқи мушоҳидаи ӯ, қалъа бевосита дар масири корвонрав ба сӯи ағбаи Гишхун қарор дошт, ки тавассути он роҳи корвонӣ ба водии Язғулом ва аз он ҷо ба самти баландкӯҳҳои Помир мерасид.<ref name="ref68">[https://poxod.ru/guidebook/darvaz/p_darvaz_dolinarekivagdm_a.html Долина реки Ванч] // Свободный туризм (poxod.ru). Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Пеш аз он ки Мушкетов худ соли 1905 аз қалъа боздид кунад, тавсифи мухтасартаре аз он – тахминан 13 сол пештар – аллакай ба қалами А. А. Семёнов тааллуқ дошт, ки соли 1898 шахсан аз қалъа дидан кардааст:
''«Въ низовьи р. Ванджа лежитъ самый значительный кишлакъ долины, Кал'аи-Ванджъ, или Кал'аи-Рохарвъ (крѣпость Ванджа, крѣпость Рохарвъ). Укрѣпленіе въ немъ до сихъ поръ на обрывистомъ берегу довольно хорошо сохранилось. Стѣны крѣпости–мѣстами глинобитныя, мѣстами сложены изъ кирпичей и камней. По бокамъ лицевой стороны крѣпости–двѣ полуразрушенныхъ зубчатыхъ башни.»''
Тарҷума: ''«Дар поёноби рӯди Ванҷ бузургтарин рустои водӣ ҷойгир аст – Қалъаи Ванҷ, ё Қалъаи Рохарв (қалъаи Ванҷ, қалъаи Рохарв). Истеҳкоми он то ба имрӯз дар соҳили баланди дарё нисбатан хуб нигоҳ дошта шудааст. Деворҳои қалъа ҷо-ҷо аз гил, ҷо-ҷо аз хишти пухтаву санг сохта шудаанд. Аз ду тарафи рӯи қалъа ду манораи нимвайрони дандонадор қарор доранд»''.<ref name="ref69">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. — М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. — С. 8.</ref> Муҳимтар аз ҳама, Семёнов санаи тахминии бунёди қалъа ва номи бинокори онро сабт кардааст – маълумоте, ки то кунун дар ягон манбаи дигари дастраси мақола наомадааст:
''«Крѣпость, по преданію, была построена лѣтъ двѣсти тому назадъ дарвазскимъ ханомъ, Азиз-Ханомъ, и, вѣроятно, не разъ служила хорошую службу ея защитникамъ во времена независимаго Дарваза. Теперь въ ней живетъ амлякдаръ (начальникъ округа) долины Вандж.»''
Тарҷума: ''«Қалъа, тибқи ривоят, тахминан дусад сол пеш аз ҷониби хони дарвозӣ – Азиз-Хон – бино ёфтааст ва эҳтимол, борҳо ба муҳофизони худ дар давраи истиқлолияти Дарвоз хидмати шоиста кардааст. Ҳоло дар он амлокдор (сарвари ноҳия, яъне шоҳ)-и водии Ванҷ зиндагӣ мекунад»''.<ref name="ref70">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. — М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. — С. 8–9.</ref> Азбаски китоб соли 1903 нашр шуда ва мушоҳидаи муаллиф соли 1898 сурат гирифтааст, ин ривоят санаи бунёди қалъаро тахминан ба солҳои 1698-1700 рабт медиҳад.
Ин ривояти Семёнов дар бораи Азизхон, ки то ҳол дар баъзе сарчашмаҳо такрор мешавад, аз нигоҳи муосир асоси устувори таърихӣ надорад: дар рӯйхати мукаммали шоҳони Дарвоз, ки намояндаи расмии идораи Русия дар Туркистон Г. А. Арандаренко дар мақолаи худ ''«Дарваз и Каратегин»'' (1883) овардааст, ягон шоҳе бо номи Азизхон сабт нашудааст.<ref name="ref2072">Арандаренко Г. А. Дарваз и Каратегин // Военный сборник. — 1883. — № 11–12.</ref> Тибқи ин рӯйхат, силсилаи шоҳони Дарвоз аз Шоғариб (то соли 1637) оғоз гардида, тавассути Шоқирғиз (1637–1668), Маҳмудшо (1668–1729), Танаи Фӯзашо (1729–1734), Муҳаммадхоншо (1734–1762), Мизробшои аввал (1762–1778), Шоидарвози I (1787–1788), Мансурхон (1788–1797), Шотурк (1797–1803), Мизробшои сонӣ (1803–1806), Султони Кучак (1806–1815), Шоиброимхон (1815–1828), Султон Маҳмудшо (1829–1838), Шоаҳмад (1839–1842), Исмоилшо (1842–1859), Иброҳимшо (1861–1863) ва Шоидарвози II (1863–1868) то Сироҷуддиншо (1868–1878) идома ёфтааст.<ref name="ref2072" />
Бар асоси таҳқиқоти муосир, эҳтимоли бештар меравад, ки Қалъаи Ванҷ на дар аҳди хони номаълуми ривоятӣ, балки дар аҳди Шайбонихониён бунёд гардидааст. Шоқирғиз, ки аз соли 1637 то 1668 ҳукмронӣ кардааст, фарзанди Абдуллоҳхони II-и Шайбонӣ буда, баъди забти Бадахшон дар соли 1584, волии Дарвоз гардида, Қалъаи Хумбро пойтахти худ қарор дода буд;<ref name="ref2072" /> тибқи ин назария, эҳтимол дорад, ки Қалъаи Ванҷ низ ҳамчун истеҳкоми мудофиавӣ маҳз дар ҳамин давра сохта шуда бошад.
Дар давраи баъдина, вақте ки минтақа таҳти назорати Аморати Бухоро қарор гирифт, Қалъаи Ванҷ нақши муҳими низомии худро идома дод. Тибқи китоби сайёҳи бритониёӣ Ангус Гамильтон ''«Афғонистон»'' (1908), дар охири асри XIX ва аввали асри XX дар қалъа 300 навкари артиши миллии амири Бухоро ҷойгир карда шуда буданд:
''«В крепости Ванч было раньше расположено 300 человек из национальной армия эмира бухарского; из такого же отряда состоял гарнизон Каляи-Вамар, а в Каляи-Хум стоял целый бухарский полк.»''
Тарҷума: ''«Дар қалъаи Ванҷ пештар 300 нафар аз артиши миллии амири бухороӣ ҷойгир буда, гарнизони Қалъаи Вамар низ аз чунин дастаи мисли ҳамин иборат буд, дар Қалъаи Хум бошад, як полки бутуни бухороӣ истода буд»''.<ref name="ref2082">Гамильтон А. Афганистан / пер. С. П. Голубинова. — СПб., 1908.</ref>
Семёнов инчунин ду навиштаи девории қалъаро айнан нусхабардорӣ кардааст: як байти форсӣ дар бораи гардиши бераҳмонаи рӯзгор, ва як ёдгории русии сайёҳони соли 1896 – ''«Прибылъ разъѣздъ 25 числа августа за старшаго общивкй Яковъ. Черновъ. и джигить Николай Каплун и перевочикъ Ашурбай. 1896 года»'' (тарҷума: ''«Гурӯҳи саворагон 25 августи соли 1896 омаданд: сардор Яков Чернов, ҷигит Николай Каплун ва тарҷумон Ашурбой»'').<ref name="ref70" />
Гумон меравад, ки дар тамоми ҳавзаҳои Бадахшон сукунати одамон ба як давраи таърихӣ мансуб будааст. Ёдгориҳои манзилӣ ва меъмориву мудофеавии асримиёнагии ғарби Бадахшон, ки дар деҳаи Баравни ҷамоати деҳоти Водхуд воқеанд ва аз ҷиҳати амнияти ҳарбӣ бисёр муносибу побарҷоянд, бо камоли таассуф, то кунун таҳқиқи шоиста нашудаанд.
Нақшу нигораҳои рӯйи харсангҳои водии Язғулом, ки дар деҳаҳои Жамаг, Андарбоғ ва Мотравн ба даст омадаанд, агарчи ҳанӯз комилан омӯхта нашудаанд, гувоҳи муътамаде аз ҳузури мардум ва сукунати онон аз замонҳои бостонӣ дар ин минтақа ҳастанд. Дар байни ин сангнигораҳо, ки ба навъи умумии петроглифҳои Помиру Бадахшон шабоҳат доранд, тасвири нахчир (бузи кӯҳӣ бо шохҳои калон), саҳнаҳои шикор бо камон, рамзҳои офтобӣ ва изи дасту пойи инсон бештар вомехӯранд; дар мифологияи мардумони эронитабор бузи кӯҳӣ рамзи покиву ҳосилхезӣ ва иртибот бо олами боло дониста мешавад.<ref name="ref62" />
Дар қаламрави Ванҷ, ба монанди дигар минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон, сағонаҳо ва дахмаҳои сангии куҳан низ аз насл ба насл боқӣ мондаанд, ки далели ошкори таърихи чандҳазорсолаи ин сарзамин мебошанд. Чунин иншооти дафнӣ, ки дар ҷойҳои махсуси сангӣ, дар баландиҳо ё ғорҳо бунёд меёфтанд, эҳтимолан боқимондаи анъанаҳои дафнии пешазисломӣ мебошанд; тибқи баъзе оинҳои қадими маҳаллӣ (аз ҷумла эътиқодоти наздик ба дини зардуштӣ), ҷасади фавтида набояд бо унсурҳои муқаддаси табиат – хок, об ё оташ – тамос мегирифт.<ref name="ref62" /> Ҳарчанд имрӯз тамоми аҳолии ноҳия мусулмони суннии ҳанафимазҳабанд ва расму оини дафни исломиро ба таври қатъӣ риоя мекунанд, мавҷудияти ин сағонаву дахмаҳо аз як давраи гузариши тӯлонии фарҳангӣ ва қабатҳои гуногуни динию эътиқодӣ дар минтақа хабар медиҳад.
Ёдгориҳои бостонии Помири Ғарбӣ, аз ҷумла мавзеъҳои қаламрави Ванҷ, дар силсилаи бунёдии ''«Харитаи бостоншиносии Тоҷикистон»'' – муҷаллади марбут ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки бостоншинос М. А. Бубнова таълиф намудааст ва ёдгориҳои давраи сангро то садаи XX фаро мегирад, – ба қайд гирифта шудаанд.<ref name="ref71">Бубнова М. А. Горно-Бадахшанская автономная область. Западный Памир (памятники каменного века — XX в.). — Душанбе, 2008. — (Археологическая карта Таджикистана).</ref>
Илова бар ёдгориҳои меъморӣ ва дафнӣ, мероси беназири саноатии Ванҷ – боқимондаҳои кӯраҳои қадимии оҳангудозӣ (домнитсаҳо) – низ бахши муҳими осори таърихии ноҳия ба шумор мераванд. Тибқи маълумоти иқтисоддон И. Е. Ходоров, ки соли 1929 таҳлилҳои М. С. Андреевро дар бораи ин ҳунар тасдиқ ва иқтибос овардааст, дар боварҳои мардумии ванҷиён металли ҳосили ин кӯраҳо на танҳо арзиши истеҳсолӣ, балки хосияти шифобахш низ дошт: маҳсули онро ''«барои табобати ҳар гуна бемориҳо пешбинӣ карда, ба ҷойи дардманд мегузоштанд»''.<ref name="ref53" /> Ин боварҳо нишон медиҳанд, ки осори саноатии Ванҷ бо мероси ғайримоддӣ ва эътиқодоти мардумӣ пайванди зич доштааст, ва имрӯз боқимондаҳои ин кӯраҳо, харобаҳои коргоҳҳо ва партовҳои маъданӣ (шлакҳо) дар дараҳои Ванҷ метавонанд ҳамчун мавзеи нодири ''«бостоншиносии саноатӣ»'' мавриди пажӯҳиши минбаъда қарор гиранд.
Сарчашмаи аввалини сабти илмии ин ҳунар – 23 сол пеш аз рисолаи Андреев (1926) – низ ба Семёнов тааллуқ дорад:
''«Богатыя залежи желѣзной руды въ верховьяхъ р. Ванджа даютъ горцамъ Ванджской долины неисчерпаемый матеріалъ для различнаго рода желѣзныхъ издѣлій, которыя удовлетворяютъ самымъ разнообразнымъ требованіямъ домашняго обихода горныхъ таджиковъ и потому расходятся изъ этой огромной кузницы, какова долина Ванджа, по всему Дарвазу, Каратегину и Язгуляну, проникая даже въ отдаленные и трудно достижимые уголки Рошана, Шугнана и Вахана.»''
Тарҷума: ''«Захираҳои фаровони маъдани оҳан дар болооби рӯди Ванҷ ба кӯҳистониёни водии Ванҷ маводи беохири намудҳои гуногуни маснуъоти оҳанӣ медиҳанд, ки эҳтиёҷоти гуногуни рӯзгори тоҷикони кӯҳӣ қонеъ мегардонанд ва аз ин кӯрахонаи азим, яъне водии Ванҷ, ба тамоми Дарвозу Қаротегину Язғулом паҳн мешаванд, ҳатто ба гӯшаҳои дурдасту дастнораси Рӯшону Шуғнону Вахон низ ворид мегарданд»''.<ref name="ref72">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. — М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. — С. 62.</ref>
Семёнов инчунин номи мушаххаси деҳаеро сабт кардааст, ки дар он раванди коркарди оҳанро шахсан мушоҳида намудааст: ''«Самый способъ добыванія желѣза намъ пришлось наблюдать во кишлакѣ Сытаргъ, на Ванджѣ»'' (тарҷума: ''«Худи усули истихроҷи оҳанро мо тавонистем дар рустои Старғ, дар Ванҷ, мушоҳида кунем»'').<ref name="ref72" /> Ӯ ҳамчунин тавсифи мубодилаи тиҷоратии маснуоти оҳании Ванҷро бо минтақаҳои ҳамсоя овардааст: ''«Эти издѣлія находять большой сбыть на рынкахъ Кал'аи-Хума и въ сосѣднихъ долинахъ: Язгуляна и Оби-Хингоу, причемъ продажа на деньги совершается очень рѣдко; обыкновенно вещи мѣняются на тѣ, которыя необходимы таджикамъ Ванджа»'' (тарҷума: ''«Ин маснуъот дар бозорҳои Қалъаи Хум ва водиҳои ҳамсоя – Язғулому Оби Хингов – фурӯши хубе меёбанд, вале фурӯш ба пул хеле кам сурат мегирад; одатан молҳо ба он чизҳое иваз мешаванд, ки барои тоҷикони Ванҷ зарур аст»'').<ref name="ref73">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. — М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. — С. 64.</ref>
=== Раванди истихроҷ ва гудохтани оҳан тибқи мушоҳидаи Андреев (1926) ===
Тобистони соли 1925 экспедитсияи Ҷамъияти омӯзиши Тоҷикистон ва халқиятҳои эронӣ, ки М. С. Андреев роҳбарии онро ба уҳда дошт, аз водии Ванҷ гузашт ва ба дархости масъули Шӯъбаи ҷуғрофӣ ва иқтисодии Ҷамъият, И. И. Бездека, Андреев маълумоти муфассалеро дар бораи усули маҳаллии истихроҷи оҳан ҷамъоварӣ намуд, ки соли 1926 дар шакли рисолаи алоҳида ба нашр расид.<ref name="ref52" /> Азбаски экспедитсия дар мавсими тобистон гузашт, вақте ки кӯраҳо аз кор монда буданд, худи раванди гудозишро Андреев на бо мушоҳидаи мустақим, балки аз забони худи тоҷикони маҳаллӣ сабт кардааст.<ref name="ref52" />
Тибқи гузориши ӯ, дар кӯҳҳои Ванҷ се кони асосии маъдани оҳан вуҷуд дошт: конҳои Техарв (сердаромадтарин ва пуристифодатарин, дар наздикии деҳаи Техарв, ки ба он бо роҳи зеризаминӣ – штолня – дастрасӣ ҳосил мешуд), Пойи Мазор (дар болооби дарёи Ванҷ) ва кони назди деҳаи Потов (маъдани он бо сифати пасттар).<ref name="ref52" /> Дар кони Техарв конканҳо бо чароғи равғанӣ (''«чироғ»'', ки чор ададашро якбора меафрӯхтанд) ва табарҳои махсус (''«тавар»'') кор мекарданд; як конкан дар як рӯз аз 20 то 40 пуд маъдан меканд, ду нафар ҳамзамон кофтуков мекарданд ва се-чор нафари дигар маъданро ба берун мебароварданд. Гурӯҳҳои конканӣ одатан аз 5 то 20 нафар иборат буданд ва баъд аз ҷамъоварии миқдори кофӣ (аз 20 то 50 бор – вобаста ба захираи ангишти дар дастрас), маъданро ба пушт бор карда, бо ёрии асои махсуси кӯҳнавардӣ (''«шикорчӯб»'', ки нӯги оҳанин дошт) аз пасти пур хатарнок фуруд меомаданд.<ref name="ref52" /> Мавсими асосии конканӣ тирамоҳ буд, вақте ки корҳои саҳроӣ ба анҷом расида буданд; онҳое ки натавонистанд тирамоҳ маъдан ҷамъ кунанд, инро дар баҳор анҷом медоданд.<ref name="ref52" />
Истихроҷи оҳан аз болооби водии Ванҷ то деҳаи Бунай (болотар аз қалъаи пешинаи Рохарв) идома дошт; поёнтар аз Бунай ин ҳунар маъмул набуд, зеро ҳам масофа то кон дуртар буд ва ҳам сӯзишворӣ кам буд – дар он ҷо танҳо буттаи ''«пӯш»''-ро ба ҷои ангишт истифода мебурданд.<ref name="ref52" /> Қариб ҳар як хонаводаи Ванҷи Боло дар як сол як маротиба кӯраи худро пур мекард; агар ангишту маблағ кофӣ намебуд, якчанд хонавода (то 10 нафар ва баъзан бештар) муттаҳид мешуданд. Дар ду деҳа – Техарв (6 хона) ва Бунай (18 хона) – кӯраҳои умумиҷамоатӣ вуҷуд дошт, ки тамоми сокинон якҷоя аз онҳо истифода мебурданд.<ref name="ref52" />
Кӯраи ванҷӣ (''«чундон»''), ки Андреев дар ду деҳа мушоҳида кардааст, аз навъи хеле ибтидоӣ буд: утоқи назди он (''«бунг»'') ба шакли заминкан, тахминан 3,5-4 метр дарозӣ ва бараш, канда мешуд ва танҳо як арш аз сатҳи замин болотар мебаромад. Дар дохили он чуқурии мураббаъ бо номи ''«пога»'' (айнан ҳамон истилоҳе, ки барои сатҳи фарши хонаи тоҷикони кӯҳӣ ба кор меравад) канда мешуд, ки то як метр аз сатҳи атроф пасттар буд; аз он тоқчаи шишамонанди калон – ба монанди меҳроби масҷид – ба сӯи берун мекушод.<ref name="ref52" /> Даричаи вурудӣ (''«дарик»''), ки ҳангоми пуркунии кӯра бо девори тунуки сангин (тахминан 20 см ғафсӣ) баста мешуд, аввал бо ҳезуми арчагӣ (беҳтарин сӯзишворӣ) ё буттаи хордори ''«ангет»'' пур карда мешуд.<ref name="ref52" /> Фурма (''«билюл»''), ки ба воситаи он ба дохили кӯра ҳаво медамиданд, аз гили нусӯзи маҳаллӣ бо номи ''«рихч»'' сохта мешуд, ки танҳо дар наздикии деҳаи Бунай истихроҷ мегардид ва барои он ҳатто аз деҳаҳои дурдасти Ванҷи Боло меомаданд.<ref name="ref52" />
Раванди гудозиш чунин буд: аввал ҳезум месӯхтанд, сипас ба воситаи фурма ва дамҳои чармини бузӣ ба он ҳаво медамиданд; вақте ки ҳезум ба ангишт мубаддал мешуд, аввал ангишт, сипас маъдани майдакардашуда илова мекарданд ва дамидан бе қатъшавӣ, рӯзу шаб, то анҷоми пурраи гудозиш идома меёфт.<ref name="ref52" /> Сатҳи оҳани гудохташуда дар қаъри кӯра бо роҳи фурӯ бурдани чӯбак ба даруни фурма муайян карда мешуд: агар чӯбак ба оҳан бирасад, дарҳол забона мезад. Шумораи фурмаҳои истифодашуда, вобаста ба миқдори маъдану ангишт, одатан аз 10 то 30 адад буд.<ref name="ref52" /> Барои гудохтани як пур кӯра, ки одатан аз 2 то 5 шабонарӯз тӯл мекашид (баъзан то 8-10 шабонарӯз дар назди хонаводаҳои сарватманд), кӯра дар як шабонарӯз тахминан 15 пуд ангишт ва ба ҳамин андоза маъдан фурӯ мебурд.<ref name="ref52" />
Дар ин раванд низоми маҳаллии ''«ҳашар»'' – ёрии мутақобилаи меҳнатӣ бидуни музди пул, шабеҳи мубодилаи шир ё кӯмаки барзагов ҳангоми шудгор – ба кор бурда мешуд: ҳангоме ки як аъзои гурӯҳ кӯраашро пур мекард, дигар аъзоён ба кумак меомаданд ва дар навбати худ низ ҳамин гуна кумак мегирифтанд.<ref name="ref52" /> Ҳайати муқаррарии коргарони як кӯра 12 нафарро ташкил медод; душвортарин кор дамидан бо ду даме дар навбат буд. Соҳиби кӯра дар давоми кор чор бор дар шабонарӯз хӯрок медод: субҳидам ''«умоч»'' (шӯрбои орд бо чакка), нисфирӯзӣ ''«нону ош»'' (шӯрбои нахӯд бо нон), пеш аз ғуруб ''«амруту чормағз»'' (нок ва чормағзи хушк) ва ҳангоми ғуруб ''«ширҷӯш»'' (шири ҷӯшонидашуда бо нон).<ref name="ref52" /> Ду писарбачаи наврас бо номи ''«гоугар»'' (яке рӯзона, дигаре шабона) назорати сатҳи пуркунии кӯраро ба уҳда доштанд ва бо садои ''«гоуто бигир»'' навбати дамидани навбатиро эълон мекарданд.<ref name="ref52" />
Пас аз хомӯшшавии кӯра, ба он 3-4 рӯз имконияти хунуккардан дода мешуд; оҳани гудохташуда дар шакли як пораи бузург дар қаъри кӯра мунҷамид мешуд, ки атрофи онро сағораи (''«сау»'') бо болғаҳои вазнин (''«пулк»'') мекӯбиданд ва канор мезаданд. Сифати оҳан якхела набуд: канораҳояш нарм буда, барои наъл, бел ва нӯги плуг истифода мешуд, дохилаш бошад, сахттар буда, бо номи ''«кирч»'' маъруф буд ва барои корд, табар ва дос ба кор мерафт.<ref name="ref52" /> Пас аз гудозиш, соҳиби кӯра оҳангареро даъват мекард, ки якчанд рӯз дар хонаи ӯ кор карда, оҳани хомро ба маснуот табдил медод; дар ивази хӯроки хонагӣ, ангишт ва дастёрони дамкунӣ, оҳангар аз ҳар даҳ маснуоти сохташуда якто (яъне 1/10-и маҳсулот)-ро ҳамчун музди худ мегирифт.<ref name="ref52" />
Аз оҳани коркардшуда дар Ванҷ маснуоти зерин истеҳсол мешуд: ''«ноук»'' (нӯги плуг), ''«табар»'' (табар), ''«канор»'' (буели ибтидоӣ), ''«кыланд»'' (кетмон), ''«теша»'' (теша), ''«дос»'' (дос), ''«корча»'' (корд), ''«дырауш»'' (дарзан), ''«суюн»'' (сӯҳон), ''«наль»'' (наъл), ''«ожбыр»'' (кордҳои махсуси ошпазӣ) ва ''«кайчин»'' (қайчии пашмтарошӣ).<ref name="ref52" /> Тиҷорати ин маснуот бо минтақаҳои ҳамсоя пурра ба таври мубодилавӣ сурат мегирифт: харидорон худашон ба Ванҷ меомаданд, на баръакс. Ваҳиёчиён аз ағбаҳои бузург гузашта, матоъҳои пашмини дастбоф (чакман, чодар, товарза) ва намак (тамоми намаки Ванҷ аз Ваҳиё меомад) меоварданд; дарвозиён карбос, салла ва намак (ки худашон аз Нижголои Ваҳиёи Поён мехариданд) меоварданд; язғуломиён ҷӯроби пашмӣ, тасмаи зинпӯши пашмӣ, зардолуи хушк ва чоруқи маҳаллӣ пешниҳод мекарданд; шуғнониён халатҳои пашмӣ, ҷӯроб ва пӯст (барои дӯхтани пойафзол) меоварданд; аз тарафи Афғонистон бошад, асосан матои карбос ворид мешуд.<ref name="ref52" />
Дар мавриди решаи маънавии ин ҳунар, Андреев қайд кардааст, ки офаридгори осмонии кордсозон, мисли дигар кузнецони мусулмони Осиё, пайғамбар Довуд (Доуд) дониста мешавад; пеш аз афрӯхтани кӯра ба ӯ дуо мехонданд ва ваъда медоданд, ки қисме аз маҳсулоти оянда ба номи ӯ бахшида шавад.<ref name="ref52" /> Ривояти цеховии пайдоиши ин ҳунар – бо номи ''«Рисоля»'' – назди устои калон нигоҳ дошта мешуд ва пеш аз оғози кор хонда мешуд; тибқи ин ривоят, шогирди ҷавони пайғамбар Довуд бо номи ''«Устохурдак»'' (устои хурдакак) боре беадолатӣ карда, оҳанро аввал барои марди сарватманд, на камбағал, кор карда буд, ва ба ҷазои ин даст ва бозуяш сӯхт; пас аз тавба, пайғамбар Довуд ба ӯ истифодаи анбурро омӯзонд, зеро то он замон кордсозон оҳани доғро бевосита бо даст мегирифтанд.<ref name="ref52" />
=== Кофарсилохи Ғҷовас ===
Дар қаламрави ноҳия, дар мавзеи Ғҷовас, маҳалли бостонии Кофарсилох ҷой дорад, ки аҳамияти таърихию бостоншиносии он то ҳол ба таври илмӣ омӯхта нашудааст.<ref name="ref2162">"КОФАРСИЛОХИ ҒҶОВАС" (маводи таърихӣ-фарҳангӣ, аз Анҷумани Ванҷ).</ref> Тибқи ривояти сокинони маҳаллӣ, чунин маконҳо, ки бо номи умумии ''«Кофарсилох»'' маъруфанд, дар чандин мавзеи дигари Ванҷ низ ба назар мерасанд, вале бар асари селу тармарезиҳои даврӣ қисми зиёди онҳо пӯшида ва ноаён гардидаанд.<ref name="ref2162" /> Худи истилоҳи ''«Кофарсилох»'' шаҳодат медиҳад, ки маҳаллан ин макон бо давраи пеш аз ислом – эҳтимолан бо пайравони динҳои қадимаи маҳаллӣ – алоқаманд дониста мешавад. Сокинони маҳаллӣ таъкид мекунанд, ки ин мавзеъ то ҳол мавриди ҳафриёти бостоншиносӣ қарор нагирифтааст ва бо ин сабаб моҳияти дақиқи таърихии он номаълум боқӣ мемонад.<ref name="ref2162" />
=== Сағунаи Рави Тор ===
Дигар мавзеи таърихии қаламрави Ванҷ Сағунаи Рави Тор аст, ки дар он харобаҳои деворҳои деҳаи аз байн рафтае боқӣ мондаанд.<ref name="ref2172">"САҒУНАИ РАВИ ТОР" (маводи таърихӣ, аз Анҷумани Ванҷ).</ref> Тибқи иттилои сокинони маҳаллӣ, харобаҳои Рави Тор то солҳои наздик вуҷуд доштанд, вале маълумоти дақиқ дар бораи он ки аҳолии ин деҳа кай дар он ҷо зиндагӣ мекарданд ва кай онро тарк намуданд, то кунун ба таври мустанад муайян нашудааст.<ref name="ref2172" /> Мавҷудияти харобаҳои сангину гилини хонаву девор дар ин мавзеъ гувоҳи он аст, ки дар гузашта дар ин минтақа фарҳанги нисбатан баланди меъморӣ вуҷуд дошта, сокинон бо истифода аз масолеҳи маҳаллӣ – санг ва гил – иншооти устувор бунёд мекарданд. Маводи шифоҳие, ки тавассути сокинони пиронсоли маҳал аз насл ба насл нақл мешавад, то ҳол ягона сарчашмаи маълумот дар бораи ин мавзеи таърихӣ боқӣ мемонад.<ref name="ref2172" />
== Мардум ==
Аксарияти аҳолии ноҳия тоҷиконанд; инчунин теъдоди ангуштшумори русҳо ва намояндагони халқҳои дигар низ зиндагӣ мекунанд. Аҳолии ноҳия аз рӯи диёнат мусулмони суннии ҳанафимазҳабанд.<ref name="ref1" />
Мардумшиноси рус Л. Ф. Моногарова дар пажӯҳиши бунёдии худ доир ба таркиби қавмии ВМКБ, дар бораи гузаштаи қавмии ванҷиён чунин навиштааст:
''«В прошлом из припамирских народностей наиболее тесно соприкасались с горными таджиками ванчцы (правильнее ванджи), коренное население долины р. Ванч (Вандж), входившей в Бухарский эмират. Духовенство эмирата проводило насильственное обращение в суннизм всех, исповедовавших другую религию. Под влиянием суннитской идеологии у ванчцев изменились общественные и семейные взаимоотношения, моральные нормы, бытовой уклад в целом. Постепенное экономическое и культурное сближение ванчцев с таджиками привело к утрате ванчцами своего родного языка, замене его таджикским (ванчским или ванджским говором таджикского языка), а в конечном итоге к слиянию ванчцев с таджиками. Население остальных районов республики считает ванчцев таджиками. «Судя по некоторым признакам, „ванджский язык“, входя в северную подгруппу памирских языков, наиболее тесно примыкал к язгулемскому языку» [32, 131].»''
Тарҷума: ''«Дар гузашта, аз миёни халқиятҳои помирӣ, ванҷиён (дурусттараш — ванҷӣ), аҳолии бумии водии дарёи Ванҷ (Вандж), ки ҷузъи аморати Бухоро буд, бештар аз ҳама бо тоҷикони кӯҳистонӣ дар тамос буданд. Рӯҳониёни аморат нисбат ба ҳамаи пайравони дигар эътиқодҳо табдили ҷабрии мазҳаби суннӣ мегузарониданд. Таҳти таъсири мазҳаби суннӣ дар байни ванҷиён муносибатҳои ҷамъиятиву оилавӣ, меъёрҳои ахлоқӣ ва тарзи зиндагӣ дар маҷмуъ тағйир ёфтанд. Наздикшавии тадриҷии иқтисодиву фарҳангии ванҷиён бо тоҷикон боиси аз даст рафтани забони модарии ванҷиён гардид: он бо забони тоҷикӣ (гӯиши ванҷии забони тоҷикӣ) иваз шуд ва дар ниҳоят ба омезиши ванҷиён бо тоҷикон анҷомид. Аҳолии дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ ванҷиёнро тоҷик мешуморанд. «Бино бар баъзе аломатҳо, „забони ванҷӣ“, ки ба зершохаи шимолии забонҳои помирӣ дохил мешуд, аз ҳама наздиктар ба забони язғуломӣ буд» [32, 131].»''.<ref name="ref74">Моногарова Л. Ф. Этнический состав и этнические процессы в Горно-Бадахшанской автономной области Таджикской ССР // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 185–186.</ref>
Дар бораи мазорҳои муқаддаси эҳтиромшавандаи Ванҷ дар охири асри XIX, капитан Кузнецов чунин сабт кардааст:
''«Населеніе Дарвоза не отличается особой набожностью и имѣетъ весьма малое число молитвенныхъ домовъ–мечетей, по за то въ Дарвозѣ есть нѣсколько могилъ святыхъ, весьма почитаемыхъ жителями. Наибольшимъ почитаніемъ отличаются могилы: Хазретъ-и-Бурхъ на р. оби-Мазаръ, Пой-Мазаръ-Хазретъ-Садыръ-Сеибъ въ верховьяхъ р. Ванчъ и Ходжа-и-Миратбашъ-Султанъ-Сеидъ на сѣверномъ склонѣ Дарвозскихъ горъ, противъ кишлака Кальпъ.»''
Тарҷума: ''«Аҳолии Дарвоз бо диндории хосае фарқ намекунад ва шумораи хонаҳои ибодат — масҷидҳо — дар он хеле кам аст, вале дар ивазаш, дар Дарвоз якчанд мазори авлиё ҳаст, ки сокинон онҳоро сахт эҳтиром мекунанд. Бештарин эҳтиромро мазорҳои зерин доранд: Ҳазрати Бурх дар канори дарёи оби-Мазор, дар Пойи Мазор - ҳазрати Садр-соҳиб дар болооби дарёи Ванҷ ва Хоҷаи Муродбошӣ Султонсаъид дар нишеби шимолии кӯҳҳои Дарвоз, рӯ ба рӯи рустои Калп»''.<ref name="ref75">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 65.</ref>
Бар асоси омори саршумории саросарии [[Иттиҳоди Шӯравӣ]] аз соли 1939, аҳолии Ванҷ 9218 нафар буд: 9031 нафарашон ванҷиёни бумӣ, 134 нафар – рус, 6 нафар – тотор, 5 нафар – узбак ва 1 нафар – қазоқ.<ref name="ref76">Всесоюзная перепись населения 1939 года. Национальный состав населения районов, городов и крупных сёл союзных республик СССР: Ванчский район (рус.) // Демоскоп Weekly. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Бино ба омори соли 1979 аҳолии Ванҷ 15 855 нафар ва тибқи омори 1992 – 22 700 нафарро ташкил медод. Тибқи маълумоти расмӣ, соли 2009 дар ноҳия 30 700 нафар зиндагӣ мекард ва тамоми аҳолии он деҳотист.<ref name="ref3" /> Тибқи омори соли 2024 аҳолии Ванҷ ба 35 400 нафар расид. Бар асоси муқоисаи ин ду омор метавон чунин натиҷагирӣ кард, ки тайи 85 сол суръати миёнаи афзоиши солонаи аҳолии Ванҷ тақрибан 1,6 % будааст. Мардуми водии Язғулом ҳиссаи назарраси аҳолии ноҳияро ташкил медиҳанд.
Азбаски беш аз 90 дарсади масоҳати умумии ноҳия (4430,5 км²)-ро лозурҳо, қуллаҳои баландкӯҳ ва нишебиҳои санглохи корношоям фаро мегиранд, зичии расмии аҳолӣ (тақрибан 7,7-8 нафар дар як километри мураббаъ) манзараи воқеии ҷойгиршавии аҳолиро пурра инъикос намекунад – амалан тамоми сокинон дар як рахи танги қад-қади дарёҳои Ванҷобу Язғулом мутамарказ шудаанд.<ref name="ref3" /> Ин номутаносибии шадид миёни рушди табиии аҳолӣ ва маҳдудияти мутлақи заминҳои корам (соли 2012 ҳамагӣ 1381 гектар, баъдан бо азхудкунии заминҳои нав ба 2601 гектар расида)<ref name="ref3" /> яке аз сабабҳои асосии муҳоҷирати меҳнатии ноҳия маҳсуб мешавад (ниг. бахши ''«Муҳоҷирати меҳнатӣ»'').
{| class="wikitable"
!'''Ҷадвали 3. Динамикаи шумораи аҳолӣ (ҳазор нафар), 1939-2013'''
|-
|'''сол'''
|'''1939'''
|'''1979'''
|'''1992'''
|'''1995'''
|'''2000'''
|'''2002'''
|'''2003'''
|'''2004'''
|'''2005'''
|'''2006'''
|'''2007'''
|'''2008'''
|'''2009'''
|'''2011'''
|'''2012'''
|'''2013'''
|-
|шумора
|9,2
|15,9
|22,7
|28,4<ref name="ref47" />
|28,5<ref name="ref47" />
|28,3<ref name="ref47" />
|29,9<ref name="ref47" />
|30,1<ref name="ref47" />
|28,8<ref name="ref47" />
|30,3<ref name="ref47" />
|33,4<ref name="ref47" />
|29,7<ref name="ref47" />
|30,7<ref name="ref3" />
|30,8
|31,1
|31,3
|}
{| class="wikitable"
!'''Ҷадвали 4. Динамикаи шумораи аҳолӣ (ҳазор нафар), 2014-2024'''
|-
|'''сол'''
|'''2014'''
|'''2015'''
|'''2016'''
|'''2017'''
|'''2018'''
|'''2019'''
|'''2020'''
|'''2021'''
|'''2022'''
|'''2023'''
|'''2024'''
|-
|шумора
|31,7
|31,9
|32,4
|32,9
|33,6<ref name="ref77">Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2019 года. Сообщение Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан (рус.).</ref>
|34,1<ref name="ref77" />
|34,4<ref name="ref78">Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2020 года (рус.) // Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
|34,1
|34,4
|35,1
|35,4
|}
Барои солҳои 1995-2008 омори мазкур (арзиши ''«умумӣ»'', яъне аҳолии доимии сабтшуда) бар асоси таҳлили муфассали демографии Р. Масов ва Ҳ. Пирумшоев дар ''«Файзи истиқлол дар "Боми ҷаҳон"»'' (Душанбе, 2011, саҳ. 362-363) илова карда шуд. Барои солҳои 1992 ва 2009 бошад, бо мақсади нигоҳ доштани пайдарпаии рақамҳои аллакай сабтшуда аз сомонаи расмии badakhshon.tj, арзиши аслии қаблӣ боқӣ монд.
Дар тавсифи хислатҳои зоҳирию ботинии сокинони Ванҷ, аъзои экспедитсияи илмии Академияи илмҳои СССР ба Помир (солҳои 1928-1933) чунин навиштаанд: ''«Тоҷикони муқими Ванҷ як қавми ободнишини дорои фарҳанги куҳан астанд. Онҳо бо пешонии баланд, риши сиёҳи анбӯҳ ва нигоҳи амиқи андешаманд мутамоизанд. Ин наҷобати зоҳирӣ бо сиришти ахлоқи ботинии тоҷикон созгор аст. Онон як ишораи хеле зебо доранд: ҳангоми сипосгузорӣ кардан, дасти худро болои сар мебардоранд.»<ref name="ref2062">Крыленко Н. В., Щербаков Д. И., Марков К. К. Пять лет по Памиру (Итоги памирских экспедиций 1928, 1929, 1931, 1932, 1933 гг.). — Москва—Ленинград: Издательство Академии наук СССР, 1935. — С. 20–21.</ref> Зикри чунин хислатҳо аз ҷониби муҳаққиқони хориҷӣ гувоҳи он аст, ки мардуми ин диёр, бо вуҷуди зиндагӣ дар минтақаи душворгузари кӯҳистон, тавонистаанд фарҳанги волои маънавии худро, аз ҷумла анъанаи меҳмоннавозии гарму дастархони пурнозу неъмат, парвариш дода нигоҳ доранд.''
=== Фарҳанги моддӣ: либоси анъанавӣ ===
Дар шароити сарди кӯҳистони Ванҷу Бадахшон, дар гузашта истифодаи матоъҳои пашмину чармӣ бартарӣ дошт ва мероси бофандагии маҳаллӣ ба истеҳсоли матоъҳои худӣ бо рангҳои табиии гиёҳии кӯҳӣ асос меёфт.<ref name="ref79">Таҳқиқоти этнолингвистии лексикаи гӯйиши тоҷикони водии Ғорон // Диссертатсия. Санҷида шуд 24 июли 2026.</ref> Либоси занонаи суннатӣ асосан аз курта, эзор, пойафзол, сарбанд ва ороишоти гуногун иборат буд; таърихан ду намуди курта маъмул буд – куртаи якқади камартангу доманвасеъ, ки пиразанон мепӯшиданд, ва куртаҳои камзулчадор бо гиребони буғак (уфуқӣ буридашуда бо зеҳгулу гулдӯзӣ), ки духтарону арӯсон ба бар мекарданд.<ref name="ref80">[[Либоси миллии тоҷикон]] // Википедиа. Санҷида шуд 24 июли 2026.</ref> Дар минтақаи Бадахшон, аз ҷумла Ванҷу Язғулом, унсурҳои хоси либоси кӯҳистонӣ – тоқии мудаввар бо нақшҳои гулдӯзии дақику пӯпак ва ҷӯробҳои ғафси пашмин бо нақшҳои ҳандасии бисёрранг (нақши офтоб, шохи қӯчқор, чалипо ва ғайра) – то имрӯз аҳамияти худро гум накардаанд.<ref name="ref80" />
=== Фарҳанги моддӣ: манзил ва хоҷагии деҳот (тибқи маълумоти асри XIX) ===
Тавсифи қадимтарини хусусиятҳои хоси манзилу хоҷагии Ванҷ ба А. А. Семёнов (1898) тааллуқ дорад. Ӯ анборчаҳои хоси болои сутунро ба қайд гирифтааст: ''«На Ванджѣ и мѣстами по Пянджу встрѣчаются подъ хижинъ еще небольшіе, съ плоскими крышами, амбарчики (амбаръ) для хлѣба и разнаго скарба... они воткнуты надъ землею на четырехъ (подъ углами) камняхъ или столбахъ»'' (тарҷума: ''«Дар Ванҷ ва ҷо-ҷо дар Панҷ, наздики хонаҳо анборчаҳои хурди боми ҳамвор (амбор) барои нону дигар молу ашё вомехӯранд... онҳо болои замин, бар чор санг ё сутуни чоркунҷа гузошта шудаанд»'').<ref name="ref81">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. — М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. — С. 34.</ref>
Дар бораи нақшу нигори деворҳои хонаҳои Ванҷ низ маълумот овардааст: ''«По Сурхобу и Хингобу, Ванджу и Пянджу на стѣнахъ многихъ хижинъ попадаются и орнаменты въ видѣ пятенъ, различныхъ безпорядочныхъ линій или же въ видѣ дѣтски намалеванныхъ фантастическихъ деревьевъ»'' (тарҷума: ''«Дар канори Сурхобу Хингов, Ванҷу Панҷ дар деворҳои бисёр хонаҳо нақшу нигор ба шакли доғ, хатҳои бетартиби гуногун ё дарахтони хаёлии кӯдакона кашидашуда вомехӯранд»'').<ref name="ref82">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. — М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. — С. 36.</ref>
Хонаи тобистонаи хоси Ванҷ (''«чолёб»'') низ дар ин асар қайд шудааст: ''«По Ванджу и отчасти на Пянджу, кромѣ описанныхъ зимнихъ помѣщеній, встрѣчаются еще спеціальныя лѣтнія жилища (чолѣбъ), чего нѣтъ нигдѣ въ прочихъ мѣстахъ»'' (тарҷума: ''«Дар Ванҷ ва қисман дар Панҷ, ба ғайр аз хонаҳои зимистонаи тавсифшуда, боз хонаҳои махсуси тобистона (чолёб) вомехӯранд, ки дар ҷойҳои дигар вуҷуд надоранд»'').<ref name="ref83">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. — М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. — С. 44.</ref>
Ниҳоят, Семёнов камбизоатии заминҳои Ванҷ ва такягоҳи мардум ба дарахти туг (мевадиҳандаи табиъӣ)-ро тавсиф кардааст: ''«Мѣстами, какъ, напримѣръ, на Вахіо, на Ванджѣ и въ Дарвазъ по Пянджу, гдѣ природа бѣдна и преобладаетъ каменистая почва... существованіе населенія находится въ тѣсной зависимости отъ тута»'' (тарҷума: ''«Дар баъзе ҷойҳо, масалан дар Ваҳё, дар Ванҷ ва дар Дарвози канори Панҷ, ки табиат камбизоату хоки санглох бартарӣ дорад... мавҷудияти аҳолӣ ба тут вобастагии зич дорад»'').<ref name="ref84">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. — М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. — С. 56.</ref>
Дар ҳамин китоб, ду намунаи фолклори мардуми Ванҷ низ бори аввал сабт гардидаанд: масали ''«Инсон ва Мор»'' ва ҳикояи ''«Писари вазир»'', ки ҳарду аз забони як шахси мушаххас – Соҳибназар аз деҳаи Техарви болооби Ванҷ – навишта шудаанд: ''«Записано со словъ Сохиб-Назара, изъ кишлака Техарвъ, въ верховьяхъ р. Ванджа въ Дарвазѣ»'' (тарҷума: ''«Аз забони Соҳибназар, аз рустои Техарв, аз болооби рӯди Ванҷ дар Дарвоз, сабт шудааст»'').<ref name="ref85">Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. — М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903. — С. 99–100.</ref>
=== Расму оинҳои мотамӣ ===
Маросимҳои марбут ба давраҳои муҳими зиндагии инсон, аз ҷумла маросими мотаму дафн, дар Ванҷу Язғулом хусусиятҳои бениҳоят куҳан ва омехта аз эътиқодоти пешазисломию исломӣ (синкретӣ) то ба имрӯз нигоҳ доштаанд; ин расмҳо аз ҷониби мардумшиносони барҷаста, аз ҷумла М. С. Андреев, И. Л. Моногарова ва А. З. Розенфелд, мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд.<ref name="ref86">Расму оин ва анъанаҳо дар рӯзгори мардуми тоҷик мавқеи муҳим доранд // АМИТ «Ховар», сентябри 2017. Санҷида шуд 24 июли 2026.</ref> Дар ҷаҳонбинии мардуми кӯҳистон марг на анҷоми мутлақ, балки гузариш ба дунёи дигар ва оғози сафари нави рӯҳ дониста мешавад. Аз ҷумла, агар марҳум ҷавон бошад, барои гусели ӯ тобути махсусе бо матоъҳои равшану рангоранг (на сиёҳ) омода мекунанд, ки бо номи ''«гаҳвораи ноз»'' маъруф аст – ташбеҳи мустақими марг бо таваллуди дубора дар олами дигар, ки Розенфелд онро расми хеле куҳан ва боқимонда аз тасаввуроти бостонии мардуми ориёӣ арзёбӣ кардааст.<ref name="ref86" />
=== Маросими никоҳ ва қалин ===
Дар байни мардуми Ванҷ, мисли аксари халқиятҳои Осиёи Марказӣ, анъанаи пардохти қалин барои арӯс маъмул буд. Тибқи маводи мардумшинос А. А. Семёнов, ки ба солҳои аввали асри XX тааллуқ дорад, ҳаҷми қалин вобаста ба вазъи иҷтимоиву иқтисодии оила фарқ мекард: марди сарватманд барои писараш ҳамчун қалин барои зан 3 асп, 6 гов, 3 гӯсфанд, 3 милтиқ, 2 шамшер, 3 ҷомаи пахтагин, матои дастбофи ''«карбос»'' барои 12 даст либос ва як батман гандум медод, дар ҳоле ки марди камбағал бояд 2 гов, як гӯсфанд, як милтиқ, 2 шамшер, салла, як пироҳани мардона, як ҷуфти мӯза ва 2 пуд гандум пешниҳод мекард.<ref name="ref2122">Кисляков Н. А. Калым и приданое у таджиков // Сборник статей по истории и филологии народов Средней Азии, посвящённый 80-летию со дня рождения А. А. Семенова. — Сталинабад, 1953.</ref> Таносуби қалини сарватманду камбағал тахминан баробари 3:1 буда, ин нишонаи тафовути назарраси иҷтимоӣ дар ҷомеаи анъанавии Ванҷ мебошад; ҳамзамон, мавҷудияти аслиҳа (милтиқ, шамшер) дар таркиби қалин гувоҳи он аст, ки ин ашё дар зиндагии рӯзгори мардуми Ванҷ барои амнияти оила ва ҳифзи молу мулк аҳамияти калон дошт.<ref name="ref2122" /> Дар баробари ин, одати пардохти қалин ҳамчун кафолати иҷтимоӣ низ хидмат мекард: дар сурати вайрон шудани ақди никоҳ, ин маблағ метавонист барои таъмини зиндагии минбаъдаи зан истифода шавад.
=== Анъанаҳои ҷамъиятӣ: таъзим ва ёлогӯӣ ===
Дар одатҳои имрӯзаи мардуми Ванҷ, амали таъзими домоду арӯс дар рӯзи тӯй маъмул гардидааст; бо вуҷуди ин, тибқи мушоҳидаи мардумшиносони маҳаллӣ, ин анъана иқтибосӣ буда, бо фарҳанги аслии минтақа комилан созгор нест.<ref name="ref2132">"Дар одатои мардми Ванҷ дар рӯзи тӯй" (маводи мардумшиносии шифоҳӣ, аз Анҷумани Ванҷ).</ref> Аз рӯи ривояти пиронсолони маҳал, ҳанӯз 10-20 сол пеш дар тӯйҳои Ванҷ таъзим кардан хеле кам ба назар мерасид ва он тадриҷан ҳамчун ҷузъи «одатҳои ванҷӣ» пазируфта шудааст; тибқи тафаккури суннатии мардуми маҳаллӣ, ки амиқан таҳти таъсири ақидаҳои исломӣ қарор дорад, таъзим танҳо дар пеши Худованд ва ҳангоми намоз ҷоиз шумурда мешавад, дар ҳоле ки таъзим дар назди инсони дигар номуносиб дониста мешавад.<ref name="ref2132" />
Яке аз одатҳои фаромӯшшудаи мардуми Ванҷ маросими ''«ёлогӯӣ»'' буд, ки ҳангоми ба анҷом расидани корҳои дастаҷамъонаи умумӣ – мисли ҳашар, даравидани ғалла ё бардоштани девор – баргузор мегардид.<ref name="ref2142">"ОДАТИ ЁЛОГӮӢ" (маводи мардумшиносии шифоҳӣ, аз Анҷумани Ванҷ).</ref> Калимаи ''«ёло»'' шакли кӯтоҳшудаи ибораи ''«ё Аллоҳ»'' буда, дар поёни кори дастаҷамъона ҳамчун дуо ва изҳори шукргузорӣ барои анҷоми муваффақиятомези кор ба забон меомад.<ref name="ref2142" /> Ин анъана, ки имрӯз аз истеъмол баромадааст, нишони ваҳдати рӯҳонӣ ва ҳамкории иҷтимоии мардуми Ванҷ буда, нақши муҳими тамоюлҳои динӣ ва фарҳанги коллективиро дар зиндагии рӯзгори онон инъикос мекунад.
=== Айлоқравӣ ва расму оинҳои кишоварзӣ ===
Иқтисодиёти суннатии мардуми Ванҷ ба ду унсури ба ҳам вобаста – кишоварзӣ дар водиҳои танги поёнӣ ва чорводорӣ дар чарогоҳҳои баландкӯҳӣ – такя мекунад. Ҳар сол дар аввали тобистон, вақте ки заминҳои поёнӣ барои кишти ғалла, картошка ва сабзавот истифода мешаванд, раванди муҳоҷирати мавсимии подаи чорво ба чарогоҳҳои тобистонаи баландкӯҳ, ки бо номи ''«айлоқ»'' маъруф аст, оғоз мегардад.<ref name="ref86" /> Хусусияти ҷолиби ин кӯчиш дар он аст, ки қариб тамоми аҳли деҳа, бахусус занону кӯдакон, дар як рӯзи муайяншуда дастаҷамъӣ ба айлоқ мераванд, дар ҳоле ки қисме аз мардон дар деҳа мемонанд, то корҳои саҳроӣ ва обёрии заминро анҷом диҳанд.
Дар айлоқҳо занон тамоми тобистон машғули ҷӯшидани шир, тайёр кардани маска, равғани зард, дӯғу мосту тарфу ва қурут мешаванд.<ref name="ref86" />
== Забон ==
Мардуми Ванҷ бо гӯиши ванҷии забони тоҷикӣ сухан мегӯянд. Дар водии Язғулом бошад, яке аз забонҳои помирӣ – забони язғуломӣ роиҷ аст.
Лаҳҷаи ванҷии забони тоҷикӣ дар водии Ванҷ аз нимаи дуюми асри XIX густариш ёфта, забони бумии помириро, ки бо номи ванҷӣ маъруф буд, дар поёни ҳамин аср аз байн бурд. Забони ванҷӣ наздиктарин хеши забони язғуломӣ буда, ба гурӯҳи ''«шимолии»'' забонҳои помирӣ дар қатори язғуломӣ ва (эҳтимолан) саргуломӣ дохил мешуд. Мутахассисон аз байн рафтани онро ба охири асри XIX нисбат медиҳанд; мардумшиносон дар ибтидои асри XX аз ин забон танҳо чанд даҳ вожаро сабт карда тавонистаанд.<ref name="ref87">Памирские языки (рус.) // Лингвистический энциклопедический словарь. — М.: Советская энциклопедия, 1990.</ref><ref name="ref88">[https://old.bigenc.ru/linguistics/text/2701306 Памирские языки] (рус.) // Большая российская энциклопедия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Лаҳҷаҳои ванҷии забони тоҷикӣ мавзӯи таҳқиқи бунёдии эроншиноси рус А. З. Розенфелд гардидаанд, ки соли 1964 дар [[Ленинград]] монографияи махсуси ''«Ванджские говоры таджикского языка»''-ро дар ҳаҷми 151 саҳифа ба табъ расонидааст.<ref name="ref89">Розенфельд А. З. Ванджские говоры таджикского языка / ЛГУ им. А. А. Жданова. — Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. — 151 с.</ref> Дар гуфтугӯи мардуми Ванҷ ҷӯйборҳои лозурӣ, ки деҳаҳо дар канораи онҳо бино ёфтаанд, ''«даргов»'' номида мешаванд; ба ақидаи Ҳ. Пирумшоев, ин вожа гунаи тағйирёфтаи ибораи ''«даргоҳи об»'' аст.<ref name="ref2" /> Аммо дуруст он аст, ки аслаш дарагоб/дараоб (обе ки аз дара меояд) аст, зеро дар форсии миёна "дара" "дараг" навишта ва талаффуз мешудааст. Тибқи фарзияи дигари забоншиносӣ, метавон решаи вожаи ''«дарғов»''-ро бо калимаи осетинии ''«dærg»'' (''«дароз»'') пайванд дод, яъне маънои аслии он ''«оби дароз»'' бошад.<ref name="ref90">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. — Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. — §50–52.</ref>
Тибқи таснифи Розенфелд, гӯишҳои ванҷӣ ҷузъи таркибии гӯишҳои дарвозӣ буда, якҷоя бо онҳо ба гурӯҳи васеътари гӯишҳои ҷанубу шарқии забони тоҷикӣ дохил мешаванд.<ref name="ref91">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. — Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. — §59.</ref> Хусусияти муҳимтарини гӯишҳои дарвозиву-ванҷӣ – ҷобаҷогузории зарраи ''«ме-»''-и замони ҳозира-оянда аз аввали феъл ба охири он (миёни асос ва флексия) мебошад, ки дар ҳамаи гӯишҳои ин гурӯҳ, ба ғайр аз гӯиши болои Ванҷ, мушоҳида мешавад.<ref name="ref92">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. — Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. — §60, §61.</ref> Аз миёни гӯишҳои дарвозӣ, ба гӯиши ванҷӣ аз ҳама наздиктар гӯиши ягидӣ (алалхусус ба зерлаҳҷаи водхудии поёни Ванҷ) ва гӯиши миёнаи дарвозиву-ваҳиёӣ (ба лаҳҷаи миёнаи Ванҷ) мебошанд.<ref name="ref93">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. — Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. — §62.</ref>
Гуфтанист, ки таснифи забоншиносии соли 1906-и Снесарев аз таснифи дақиқтари баъдинаи Розенфелд каме фарқ мекард: ба гуфтаи ӯ, сокинони водии Язғулом ва болооби Ванҷ ба яке аз лаҳҷаҳои забони шуғнонӣ сухан мегуфтанд — тасниферо, ки пажӯҳиши забоншиносии баъдина, бо ҷудо кардани забони ванҷӣ ба унвони узви алоҳидаи гурӯҳи шимолии забонҳои помирӣ (ниг. боло), дақиқтар намуд.<ref name="ref2192" />
=== Лаҳҷаҳои дохилии гӯиши ванҷӣ ===
Розенфелд дар дохили гӯиши ванҷӣ се лаҳҷаи асосиро фарқ мекунад: лаҳҷаи поёни Ванҷ, лаҳҷаи миёнаи Ванҷ (ки онро боз лаҳҷаи ваҳиёиву-ванҷӣ низ меноманд) ва лаҳҷаи болои Ванҷ.<ref name="ref94">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. — Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. — §54.</ref>
Лаҳҷаи поёни Ванҷ дар деҳаҳои соҳили рости дарёи Ванҷ (аз резишгоҳ ба боло) – Вискроғ, Бичхарвак, Рохарв (маркази ноҳия), Бовид ва Одешт – ва дар соҳили чап – Дашти Роғ, Лангар, Гишхун ва Ғумаяк, инчунин дар деҳаҳои ҷамоати Водхуд роиҷ аст; аксарияти сокинони поёни Ванҷ ва Водхуд муҳоҷиронанд, ки бештарашон аз Дарвоз ва қисман аз болои Ванҷ ба ин ҷо кӯчидаанд.<ref name="ref15" /> Дар дохили ин лаҳҷа ду зерлаҳҷа – водхудӣ ва гишхунӣ – фарқ карда мешаванд; барои зерлаҳҷаи водхудӣ лабиалишавии қавии садоноки ''«о»'', мавҷудияти зарфи ''«fru/fre»'' ба маънои ''«поён»'' ва истифодаи шакли дуюми замони ҳозира-ояндаи феъл дар шахсҳои якум ва саввуми танҳо бо флексияи ''«-a»'' (масалан, ''«gama»'', ''«ravama»'' ба ҷои шакли маъмули дарвозиву-ванҷии ''«game»'', ''«rave»'') хос аст.<ref name="ref95">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. — Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. — §56, саҳ. 12.</ref>
Лаҳҷаи миёнаи Ванҷ (ваҳиёиву-ванҷӣ) аз деҳаи Бунай то деҳаҳои Доршир (дар соҳили рост) ва Гуҷовас (дар соҳили чап), то деҳаи болотарини водӣ – Поймазор – паҳн аст. Сокинони ин минтақаро ''«ваҳиёчиён»'' меноманд, зеро аксарашон муҳоҷироне мебошанд, ки аз водии Ваҳиёи Боло ба ин ҷо кӯчидаанд. Барои ин лаҳҷа мавҷудияти ҳамсадоҳои болофаринголии ''«ҳ»'' ва ''«айн»'', истифодаи пасванди ''«-ak»'' дар шахси саввуми танҳои замони гузашта (''«umadastak»'' – ''«ӯ омад»''), калимаи ''«oča»'' ба маънои ''«модар»'' (ба ҷои ''«muma»''-и роиҷ дар дигар лаҳҷаҳои ванҷӣ) ва номи ''«ruzan»'' барои равзанаи дуд хос аст; ин лаҳҷа аз рӯи аломатҳои зикршуда ба лаҳҷаи ваҳиёиву-дарвозӣ наздик мешавад.<ref name="ref96">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. — Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. — §57, саҳ. 12.</ref>
Лаҳҷаи болои Ванҷ аз деҳаи Доршир то сарчашмаҳои дарёи Ванҷ – дар деҳаҳои Сетарғ, Мурғутга, Ван-Вани Боло ва Поён (соҳили рост) ва Гуҷовас, Гумаст, Рованд, Гармчашма, Сунгад (соҳили чап) – паҳн аст. Сокинони ин минтақа худро ''«ванҷиҳо»'' ё ''«ванҷиёни туптӣ»'' (яъне бумӣ) меноманд ва маҳз дар ҳамин лаҳҷа лексикаи бештар архаистӣ, аз ҷумла боқимондаҳои алоҳидаи забони куҳани ванҷӣ, то имрӯз нигоҳ дошта шудааст.<ref name="ref97">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. — Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. — §58, саҳ. 12–13.</ref> Хусусияти муҳимтарини лаҳҷаи болои Ванҷ дар он аст, ки зарраи ''«ме-»'' дар аввали шакли феълӣ боқӣ мемонад ва ба охири он нагузашта; маҳз бо ҳамин аломат, ин лаҳҷа аз ҳамаи дигар гӯишҳои дарвозиву-ванҷӣ фарқ мекунад.<ref name="ref92" />
Аз лиҳози овоӣ (фонетикӣ), гӯишҳои ванҷӣ бо паҳншавии васеи фонемаи ''«ə»'' (ки ба садонокҳои кӯтоҳи забони адабӣ рост меояд) ва мулоимшавии садоноки ''«ӯ»'' тавсиф мешаванд.<ref name="ref98">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. — Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. — §1–3, саҳ. 5–6.</ref> Далели дигари куҳансолии ин гӯишҳо паҳншавии васеи фонемаи ''«ж»'' аст, ки дар забони адабии тоҷикӣ танҳо дар се-чор калима боқӣ мондааст, ҳол он ки дар гӯишҳои ванҷӣ гурӯҳи назарраси калимаҳо бо ин ҳамсадо сабт шудаанд (масалан, ''«жеғ»'' – якрав, ''«жовидан»'' – ҷавидан).<ref name="ref99">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. — Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. — §15, саҳ. 6–7.</ref> Афтодани ҳамсадои ''«д»'' дар миёни калима, ки хоси гӯишҳои дарвозиву-ванҷист, ба сохти флексияи феълӣ низ таъсир расонидааст: дар замони гузашта шахси саввуми танҳо флексияи ''«-и»''-ро мегирад (масалан, ''«babori»'' – ''«борид»''), шахси саввуми ҷамъ бошад – флексияи ''«-ин»''.<ref name="ref100">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. — Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. — §11.</ref>
Дар морфология, ҷамъбандии исм тавассути пасвандҳои ''«-о»'' (умумӣ), ''«-ун»'' (барои исмҳои ҷондор) ва ''«-гала»'' (барои гурӯҳи одамон) сурат мегирад.<ref name="ref16" />
Лексикаи гӯишҳои ванҷӣ, нисбат ба гӯишҳои дарвозӣ низ, дараҷаи баландтари архаизмро нишон медиҳад: дар он калимаҳое нигоҳ дошта шудаанд, ки дар забонҳои адабии тоҷикӣ ва форсӣ дигар истифода намешаванд, вале дар ашъори Фирдавсӣ ё дар фарҳангҳои қадимӣ сабт гардидаанд (масалан, ''«кӯп»'' ба маънои ''«санг»'', ''«харсанг»'').<ref name="ref101">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. — Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. — §48.</ref> Илова бар қабати калони калимаҳои помирӣ, дар гӯишҳои ванҷӣ гурӯҳи калимаҳое низ ба назар мерасанд, ки бо забони яғнобӣ ва ҳатто бо забони бостонии осетинӣ (аз шохаи шимолии забонҳои эронӣ) муштараканд.<ref name="ref90" /> Дар ''«Феҳристи калимаҳои куҳани ванҷӣ»'', ки ҳамчун замима ба монография пайваст шудааст, Розенфелд бар пояи таҳлили лексикӣ ва фонетикӣ ба хулосае мерасад, ки забони куҳани ванҷӣ ба гурӯҳи шуғнонию рӯшонии забонҳои помирӣ тааллуқ доштааст.<ref name="ref102">Розенфелд А. З. Ванҷские говоры таджикского языка. — Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. — Замимаи «Феҳристи калимаҳои куҳани ванҷӣ».</ref>
Бархе донишмандони рус, монанди И. И. Зарубин, А. З. Розенфелд ва дигарон, назарияеро дар бораи вуҷуди куҳанзабони ванҷӣ (русӣ: старованджский язык) ироя кардаанд, ки тибқи он ин забон тақрибан дусад сол пеш аз байн рафта, гӯиши кунунии ванҷӣ ҷойгузинаш шудааст. И. И. Зарубин дар ин маврид мегӯяд:
"Забони куҳнаи ванҷӣ дар водии Ванҷ (шохоби рости Панҷ) ва саргуломӣ дар болооби дарёи Саргулом, дар шарқи вилояти Файзободи Афғонистон ривоҷ дошт. Тақрибан дусад сол пеш лаҳҷаҳои тоҷикӣ ҷои онҳоро гирифтанд".
Забоншинос Т. Н. Пахалина дар баррасии муқоисавии забонҳои помирӣ, забони ванҷиро дар силсилаи забонҳои помирӣ чунин ҷой додааст:
''«Ванджский язык, известный в настоящее время по небольшому количеству слов, зафиксированных в 1924 г. И. И. Зарубиным [6], а позднее — А. З. Розенфельд [28; 29] (в прошлом был распространен в долине Ванджа — правого притока Пянджа).»''
Тарҷума: ''«Забони ванҷӣ, ки имрӯз танҳо бо шумораи ками вожаҳо маълум аст ва соли 1924 аз ҷониби И. И. Зарубин ва баъдтар аз ҷониби А. З. Розенфелд сабт шудааст (дар гузашта дар водии Ванҷ — шохоби рости Панҷ — роиҷ буд).»''.<ref name="ref103">Пахалина Т. Н. Сравнительный обзор памирских языков // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 222.</ref>
Шаҳодати дигаре дар бораи фарҷоми ин забон дар мақолаи Т. Г. Абаева дар бораи пажӯҳишҳои А. В. Станишевский омадааст:
''«Укором в адрес лингвистов звучало сообщение о том, что в долине Ванча недавно умерли последние старики, владевшие ванчским языком.»''
Тарҷума: ''«Хабаре барои забоншиносон ҳамчун сарзаниш садо дод ва он ҳам дар бораи он, ки дар водии Ванҷ, ба наздикӣ пиронсолони охироне, ки забони куҳнаванҷиро медонистанд, аз дунё гузаштанд.»''.<ref name="ref104">Абаева Т. Г. Исследования А. В. Станишевского (Азиза Ниалло) о Памире // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 290.</ref>
Дар байни намунаҳои камшумори боқимондаи забони куҳани ванҷӣ, ки дар хотираи шифоҳии пиронсолони маҳал нигоҳ дошта шудаанд, ибораи ''«Агни капол, пасни двол, чангола вол»'' сабт гардидааст.<ref name="ref2152">"ҶМЛАЕ АЙ ЗАБУНИ КУНАИ ВАНҶӢ" (маводи забоншиносии шифоҳӣ, аз Анҷумани Ванҷ).</ref> Тибқи тахмини муҳаққиқони маҳаллӣ, ин ибора метавонад ба маънои тахминии ''«оташ дар пешонӣ, пас дар девор, бо чанголҳо бархез»'' тарҷума шавад; мавҷудияти вожаи ''«агни»'' (оташ), ки дар забони санскрит низ бо ҳамин маъно ба кор меравад, аз бостонии решаҳои ин забон гувоҳӣ медиҳад.<ref name="ref2152" /> Ин намуна, ҳарчанд аз нигоҳи забоншиносии илмӣ то ҳол таҳлили муфассал нашудааст, аҳамияти он дар нигоҳдории бехатари охирин осори шифоҳии забони куҳани ванҷӣ, ки гӯяндагони охирини он – тавре ки дар боло зикр гардид – аллакай даҳсолаҳо пеш аз дунё гузаштаанд, нуҳуфта аст.
Забони язғуломӣ, ки дар шаш деҳаи ҷамоати Язғулом ба кор меравад, забони бехат аст ва шумораи гӯяндагонаш тақрибан 3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад; аксари язғуломиён дузабонаанд ва забони тоҷикиро низ медонанд.<ref name="ref105">Язгулямский язык (рус.) // Лингвистический энциклопедический словарь. — М.: Советская энциклопедия, 1990.</ref><ref name="ref106">[https://old.bigenc.ru/linguistics/text/4924529 Язгулямский язык] (рус.) // Большая российская энциклопедия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Таҳқиқи бунёдии ин забон ба қалами эроншиноси маъруф Д. И. Эделман тааллуқ дорад, ки соли 1966 дар [[Маскав]] монографияи ''«Забони язғуломӣ»''-ро ба табъ расонидааст.<ref name="ref107">Эдельман Д. И. Язгулямский язык. — М.: Наука, 1966.</ref> Пас аз муҳоҷирати соли 1954 бахше аз язғуломизабонон дар ноҳияи Куйбишеви водии Вахш низ сокин шуданд ва забони язғуломӣ то кунун дар он ҷо низ ба кор меравад.<ref name="ref60" />
Дар ''«Атласи забонҳои дар хатар қарордоштаи ҷаҳон»''-и ЮНЕСКО (таҳти таҳрири Кристофер Мозли, соли 2010), забони язғуломӣ ба зумраи забонҳои осебпазир (Vulnerable) дохил гардидааст.<ref name="ref108">Moseley Chr. (ed.) Atlas of the World\\\'s Languages in Danger. — 3rd ed. — Paris: UNESCO Publishing, 2010.</ref> Тибқи ҳамин Атлас, аз 15 забони дар хатар қарордоштаи Осиёи Марказӣ, 11-тояш дар Тоҷикистон, бештараш дар ҳудуди ВМКБ, роиҷ аст.<ref name="ref109">[https://old.asiaplustj.info/en/news/tajikistan/society/20170629/unesco-publishes-atlas-of-the-worlds-languages-in-danger UNESCO publishes atlas of the world\\\'s languages in danger] (англ.) // Тоҷикистон Ньюз Азия-Плюс, 29 июни 2017. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Пажӯҳиши ҷомеашиносии забонии Д. Пол, Э. Аббесс, К. Мюллер, К. Тиссен ва Г. Тиссен нишон медиҳад, ки муносибати сокинони водии Язғулом ба ҳарду забон – язғуломӣ ва тоҷикӣ – мусбат аст: забони модарӣ дар зиндагии рӯзмарра пурқувват боқӣ монда, ҳеҷ нишонае аз ҷойивазкунии он бо забони тоҷикӣ мушоҳида намешавад, ҳарчанд забони тоҷикиро низ дар баъзе ҳавзаҳо муфид медонанд.<ref name="ref110">Paul D., Abbess E., Müller K., Tiessen C., Tiessen G. Language Access and Tajik Language Proficiency among the Yazghulami of Tajikistan. — SIL International, 2010.</ref> Дар пойгоҳи байналмилалии таснифи забонҳо ''«Глоттолог»'' забони куҳани ванҷӣ бо рамзи ''«oldw1238»'' ва забони язғуломӣ бо рамзи ''«yazg1240»'' сабт шудаанд.<ref name="ref111">Glottolog 5.0, коди «oldw1238» (забони куҳани ванҷӣ) ва «yazg1240» (забони язғуломӣ).</ref>
== Бахшбандӣ ==
Бар асоси Қонуни тақсимоти маъмурию ҳудудии кишвар, ноҳияи Ванҷ аз 1 шаҳрак (Ванҷ) ва 6 ҷамоат иборат аст:<ref name="ref112">Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013. — 332 с.</ref>
{| class="wikitable"
!'''Ҷадвали 5. Ҷамоатҳои ноҳияи Ванҷ'''
|-
|'''Ҷамоат'''
|'''Аҳолӣ (нафар)'''
|'''Деҳаҳо'''
|-
|ба номи Маҳмадулло Абдуллоев
|10 983
|Бичхарв, Бодалд, Ускроғ, Роғ, Дашти Роғ, Панҷшанбеобод, Убари Даргов, Рохарв, Гушхун, Ғумаяк, Бовуд, Одешт, Ҷангали Зуго
|-
|Водхуд
|2178
|Пшихарв, Даштак, Лугад, Бунига, Узбай, Лахш, Баравн, Баравни Таг, Баравни Тор, Ваҳдат, Вравз
|-
|Ҷовидон
|4201
|Бунай, Рав, Жовуд, Потов, Арнавад, Убго
|-
|Рованд
|5573
|Ширговад, Ғиҷоваст, Мудеҳарв, Вишхарвак, Старғ, Ғӯмас, Мурғутга, Рованд, Гармчашма, Ван-Ван, Сунгад, Поймазор
|-
|Техарв
|3401
|Гич, Садвадг, Сед, Шаврӯ, Техарв, Чихох, Удоб, Равгада
|-
|Язғулом
|6065
|Мотравн, Вишхарв, Будун, Шавуд, Андарбоғ, Жамаг
|}
Дар санадҳои расмии солҳои охир ҷамоати марказии ноҳия бо номи ''«деҳоти Маҳмадулло Абдуллоев»'' зикр мегардад.<ref name="ref4" />
Барои муқоиса, тибқи гузориши капитан Кузнецов, дар соли 1892 бекигарии Дарвоз (ки Ванҷ ҷузъи он буд) ба 11 амлокдорӣ тақсим мешуд:
''«Въ административномъ отношеніи Дарвозское бекство дѣлится на 11 амилякдарствъ: Чиль-Даринское, Тавиль-Даринское, Сагри-Даштское, Кала-и-Хумбское, Шикайское, Куфское, Хагонское, Май-Майское, Джумарчское, Ванчское, Вахія-болё и два особыхъ отдѣла–Язгулемскій и Тангъ-Шивскій.»''
Тарҷума: ''«Аз ҷиҳати маъмурӣ, бекигарии Дарвоз ба 11 амлокдорӣ тақсим мешавад: Чилдарин, Тавилдарин, Сағридашт, Қалъаи Хумб, Шикай, Куф, Ҳагон (Деҳхагон), Моймай, Ҷумарҷ, Ванҷ, Вахиёи Боло ва ду шӯъбаи алоҳида — Язғулом ва Тангшив»''.<ref name="ref113">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 68.</ref>
Аз ин тақсимот бармеояд, ки Ванҷ дар соли 1892 аллакай ҳамчун амлокдории алоҳида, ва Язғулом ҳамчун шӯъбаи ниммустақилу ба таври алоҳида идорашаванда фарқ карда мешуданд — падидае, ки то андозае бо бахшбандии имрӯзаи ноҳия, ки дар он Язғулом ҷамоати алоҳида аст, монандӣ дорад.
Тақрибан ҳаштод сол пас аз гузориши Кузнецов, забоншинос Д. И. Эделман, бар пояи маводи саҳроии худ ва пажӯҳиши А. З. Розенфелд, рӯйхати муфассали рустоҳои Ванҷро чунин овардааст:
''«Население Ванджа ныне говорит по-таджикски, хотя сравнительно недавно здесь еще бытовал ванджский язык, принадлежавший к памирской группе языков. Названия кишлаков по течению Пянджа: Даштак, Узбай, Лахш, Варавз, Лангарак, Бараун, Водхуд; по Ванджу: Бич-харвак, Рог, Лангар, Гишхун, Рохарв (официально Ванч), Гумаяк, Одешт, Бунай, Потоу, Жовид, Чихох, Сед, Техарв, Гуджовас, Ширговат, Доршир, Гумаст, Сетарг, Рованд, Мургытга, Сунгад, Ван-Ван, Поймазор.»''
Тарҷума: ''«Аҳолии Ванҷ имрӯз бо забони тоҷикӣ гуфтугӯ мекунад, ҳарчанд то ба ҳамин наздикӣ, дар ин ҷо, ҳанӯз, забони куҳнванҷӣ роиҷ буд, ки ба гурӯҳи забонҳои помирӣ тааллуқ дошт. Номҳои рустоҳо дар масири Панҷ: Даштак, Взбай, Лахш, Вароваз, Лангарак, Баравн, Водхуд; дар масири Ванҷ: Бичхарвак, Роғ, Лангар, Гишхун, Рохарв (расман Ванҷ), Ғумаяк, Одешт, Бунай, Потов, Жовид, Чхох, Сед, Техарв, Ғҷовас, Шрговад, Дуршер, Ғӯмас, Старғ, Рованд, Мурғтга, Смгад, Ван-Ван, Поймазор.»''.<ref name="ref114">Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 50.</ref>
== Хоҷагидорӣ ==
Соҳаҳои асосии хоҷагидории ноҳия ғаллакорӣ, чорводорӣ, боғдорӣ ва сабзавоткорист; дар замони шӯравӣ тамокукорӣ низ соҳаи асосӣ буд. Соли 1939 дар тамоми ВМКБ 123 колхоз мавҷуд буд, аз ҷумла дар Ванҷ 30 колхоз таъсис дода буданд.
Водии Водхуд аз қадим бо ҳосилхезии замин ва фаровонии тути худ ном баровардааст: захираи ғалла ва меваи хушки ин мавзеъ (тут, зардолу, себ) на танҳо сокинони маҳаллӣ, балки деҳоти камзамини ҳамсояро низ аз танқисӣ мераҳонд ва ибораи мардумии ''«тути Водхуд пухт, имсол ҳам ҷон ба саломат бурдем»'' аз ҳамин воқеият бармеояд.<ref name="ref2" />
Дар ноҳия 53 хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд аст. Майдони умумии заминҳои хоҷагӣ 14 417 гектар аст, аз ҷумла заминҳои корам – 1381 гектар (2012), чарогоҳҳо – 1219 гектар, боғҳо – 734 гектар. Тибқи омори соли 2012 дар ноҳияи Ванҷ 2478 тонна ғалла, 1924 тонна гӯшт, 1 млн дона тухм, 3742 тонна шир, 157 тонна чормағз, 6353 тонна сабзавот ва 11 295 тонна картошка ба даст омад. Бар асоси омори соли 2011, шумораи чорво дар хоҷагиҳо чунин буд: гов – 15 234 сар, гӯсфанду буз – 32 498 сар.
Дар давоми даҳсолаи охир сохтори хоҷагидории ноҳия ба таври куллӣ дигаргун шуд: ба ҷои 53 хоҷагии деҳқонии соли 2012, имрӯз 14 ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ 120 хоҷагии инфиродиро бо фарогирии 3217 саҳмдор муттаҳид месозад.<ref name="ref115">Ванҷ. Рушди соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Майдони умумии заминҳои корам ба 2601 гектар расидааст, ки аз он бештар аз 1080 гектарро боғҳои мевадиҳанда ташкил медиҳанд; танҳо дар бист соли охир 282 гектар замини нав аз худ карда шудааст.<ref name="ref116">[https://khovar.tj/2025/11/dar-no-iyai-van-so-ai-bo-parvar-rushd-meyobad/ Дар ноҳияи Ванҷ соҳаи боғпарварӣ рушд меёбад] // АМИТ «Ховар», 18 ноябри 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Тибқи таҳлилҳои муқоисавӣ, дар зарфи се даҳсолаи охир истеҳсоли ғалладонагиҳо тақрибан 6 баробар, картошка 8 баробар, сабзавот 16 баробар ва мева 42 баробар афзудааст.<ref name="ref117">Ванҷ. Ҷашни истиқлол мондагор хоҳад буд // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Танҳо то охири моҳи октябри соли 2025 аз боғоти ноҳия 2205 тонна меваи тару тозаву хушк ба бозорҳои хориҷӣ ва шаҳрҳои калони ҷумҳурӣ содирот гардид,<ref name="ref116" /> ва моҳи августи соли 2023 кишоварзони ноҳия дар ярмаркаи Боғи ''«Куруши Кабир»''-и Душанбе зиёда аз 13 тонна маҳсулоти тару тоза ба сокинони пойтахт пешниҳод карданд.<ref name="ref118">Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби кишоварзони ноҳияи Ванҷ // АМИТ «Ховар», августи 2023. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Аз соли 2009, вақте ки дар ноҳия аввалин ду гармхонаи намунавӣ ба кор дароварда шуданд,<ref name="ref119">Дар Ванҷ гармхонаҳо ба кор даромаданд // АМИТ «Ховар», августи 2009. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> технологияи гармхонагӣ дар қисматҳои поёнии ноҳия паҳн шудааст. Дар давраи охир, дар ҳамкорӣ бо мутахассисони минтақаи илмӣ-таҷрибавии ''«Ҷангали Зуго»''-и Институти биологии Помир, соҳибкор Ҳайдар Фаёзов аз деҳаи Гишхун дар ноҳия парвариши озмоишии лимӯ ва дигар меваҳои ситрусиро оғоз кард – навъе, ки то ҳол дар ВМКБ танҳо хоси баъзе минтақаҳои ноҳияи Дарвоз буд.<ref name="ref120">Ванҷ. Авлавият ба рушди лимӯпарварӣ // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Таърихи иқтисодиёт: аз мубодилаи молӣ то бозор (асри XIX) ===
Дар асри XIX иқтисодиёти Ванҷ, монанди тамоми Дарвоз, хусусияти патриархалӣ ва асосан мубодилавӣ (натуралӣ) дошт. Тибқи маълумоти И. Юхновский, ки соли 1894 дар рӯзномаи ''«Туркестанские Ведомости»'' ба нашр расидааст, дар водии Ванҷ пул, ченаку вазн қариб номаълум буда, тиҷорат асосан ба таври мубодилавӣ сурат мегирифт; танҳо мансабдорони бухороӣ чой менӯшиданд, аҳолии таҳҷоӣ бошад, ин нӯшокиро танҳо дар ҷашнҳои оилавӣ истифода мебурд.<ref name="ref2112" /> Ҳангоми муайян кардани арзиши маҳсулот, воҳиди ченаки ''«карбос»'' (порчаи дастбофти маҳаллӣ) барои матоъ ва ''«тӯппӣ»'' барои маҳсулоти донагӣ ба кор мерафт.<ref name="ref2112" /> Тибқи нархномаи ҳамон давра, як ишак (тахминан 4 пуд) ғалла аз 4 то 6 танга, як гӯсфанди калон 6-7 танга ва як гӯсфанди хурд 4 танга арзиш дошт; тангаи нуқрагини бухороӣ вазни 3,36 грамм дошт.<ref name="ref2112" /> Аз Ванҷ асосан оҳани дар конҳои болооби дарёи Ванҷ истихроҷшуда ва қисман ғалладона ба минтақаҳои ҳамсояи Дарвоз, тавассути Қалъаи Хумб, содир мегардид.<ref name="ref2112" />
Дар бекигариҳои шимолу шарқии Бухоро — Қаратегину Дарвоз, ки Ванҷ ба ҳайати онҳо дохил буд — тибқи арзёбии Юхновский (1894), тақрибан сад ҳазор нафар сокин зиндагӣ мекард, ки эҳтиёҷоташон хеле маҳдуд буд.<ref name="ref2112" /> Гарчанде ғаллакорию чорводорӣ шуғли асосии аҳолӣ буд, ҳаҷми истеҳсоли онҳо барои қонеъ кардани ҳатто эҳтиёҷоти хурдтарин кофӣ набуд; нони Дарвоз бештар аз бекигарии Кӯлобу дигар минтақаҳо ворид карда мешуд.<ref name="ref2112" /> Аз ин рӯ, аҳолӣ маҷбур мешуд, ки ба муҳоҷирати мавсимии меҳнатӣ ба Фарғона ва ҳатто [[Тошканд]] рӯй орад, зеро зироаткорӣ, ба сабаби норасоии замини корам, ҳатто барои эҳтиёҷоти нисбатан мӯътадил кофӣ набуд.<ref name="ref2112" /> Танҳо шумораи ками сокинон аз нони холиси гандум истифода мебурданд; орди гандумро бо орди лӯбиё меомехтанд ва дар водиҳои Ванҷ, Язғулому Панҷ ҳатто орд аз мурчи хушкидаи тут, пиёзи кӯҳӣ ва дигар решаҳои кӯҳӣ тайёр мекарданд.<ref name="ref2112" /> Чорводорӣ низ наметавонист рушд кунад, зеро кӯҳҳои Дарвоз нисфи сол ва бештар зери барф мемонданд ва аҳолӣ фақат барои миқдори ками чорво (ки дар он гӯсфанд бартарӣ дошт) захираи алаф ҷамъ карда метавонист; гӯшти шикор — шикорварзӣ яке аз шуғлҳои асосии дарвозиён буд — дар баробари гӯсфанд яке аз молҳои асосии мубодилавӣ маҳсуб мешуд.<ref name="ref2112" />
Қалъаҳои Ғарму Қалъаи Хумб, ки маркази маъмурии беки Қаратегину Дарвоз буданд, ягона бозорҳои мубодилаи маҳсулоти маҳаллӣ ба шумор мерафтанд.<ref name="ref2112" /> Аз Кӯлоб тоҷирон бо ду-се асп матои бязӣ ва дигар матоъҳои дағал барои ҷома меоварданд ва барои ҳар 12 арш бязӣ як пӯсти рӯбоҳ мегирифтанд.<ref name="ref2112" /> Маркази умумии тиҷоратии тамоми Қаратегину Дарвоз шаҳри Кӯлоб буд; агар қаратегиниён боз ба бозорҳои [[Ӯротеппа|Ӯротеппаву]] Қӯқанд мерафтанд, дарвозиён танҳо ба Кӯлоб рӯй меоварданд.<ref name="ref2112" /> Аз Кӯлоб инчунин ранги «бузгунч» — маҳсулоте, ки аз варами баргҳои дарахтони писта, ки нишебиҳои кӯҳҳои Кӯлобро мепӯшониданд, ба даст меомад — ворид карда мешуд.<ref name="ref2112" />
Юхновский тарзи бинокории маҳаллиро низ тасвир кардааст: пойдевори баланди сангин бо гил, деворҳои хишти хоми калону бетартибшакл ва боми чӯбине, ки бо ках ва шохча пӯшонида, аз рӯй бо гил андова карда мешуд; сохтмон одатан аз аввали баҳор то нимаи тирамоҳ (аз апрел то сентябр) идома меёфт, дар ҳоле ки санг ва гил ҳамеша дар дастрас буданд ва чӯб — аз дарахтони тут, бед ва сафедор — аз боғоти маҳаллӣ, арча бошад аз кӯҳҳо оварда мешуд.<ref name="ref2112" /> Тибқи нархномаи ҳамон давра, як бревна ба дарозии 2,5 арш ду танга, се даста хошок (ҳар кадом 2,5 арш) ду танга, як даста ках як танга ва як батмон (8 пуд) оҳак ду танга арзиш дошт; барои тайёр кардани ҳазор хишти хом дар як рӯз чор нафар коргар лозим буд ва музди рӯзонаи коргарони оддӣ тахминан як танга буд.<ref name="ref2112" /> Оҳани маҳаллӣ аз конҳои болооби дарёи Ванҷ истихроҷ мешуд; як пораи оҳан ба дарозии 2,5 арш ва диаметри ¾ арш арзиши 300 тангаро дошт.<ref name="ref2112" /> Дар шаҳраки Рохар танҳо як оҳангар ва ду наҷҷор фаъолият доштанд; музди рӯзонаи чунин устод бо шогирду асбобҳояш тахминан панҷ танга буд, ва абзорҳои маъруфи ин ҳунармандон арра, теша, чакуш, ранда ва табар буданд.<ref name="ref2112" /> Дар бораи нархи маводи хӯрока, равғани гов барои ҳар панҷ фунт як танга, мурғ даҳ тин, тухм 64 дона барои як танга ва алафи себарга аз 25 то 30 даста барои як танга арзиш дошт; намак, ки аз Кӯлоб ворид мешуд, гарон буд — барои як тӯппии намак чор тӯппии ғалла медоданд; биринҷ аз Қалъаи Хумб харидорӣ мешуд ва нархаш вобаста ба мавҷудияш аз чор то панҷ танга барои панҷ фунт таҳаввул мекард.<ref name="ref2112" /> Дар мавсими зимистон таъмини ем ва озуқа мушкил мегардид, аз ин рӯ захираи зимистона аз тирамоҳ омода карда мешуд.<ref name="ref2112" />
Тавре Юхновский таъкид мекунад, миқдори дақиқи содироти солонаи оҳанро муайян кардан ғайриимкон буд, зеро мақомоти маҳаллӣ дар бораи рақами он тасаввуроти дақиқ надоштанд.<ref name="ref2112" /> Чою дигар молҳои ҳиндӣ тавассути Шуғнону Рӯшон умуман ворид намешуданд; миқдори ками онҳо аз Бадахшон тавассути Куф ва Қалъаи Хумб, ва асосан тавассути Кӯлоб, ба даст меомад.<ref name="ref2112" />
=== Кишоварзии анъанавӣ: ангури Ванҷӣ ===
Яке аз навъҳои қадимаи ангури маҳаллӣ, ки то имрӯз парвариш карда мешавад, навъи ''«Ванҷӣ»'' аст. Тибқи Энсиклопедияи миллии тоҷик, ин навъи ангури миёнапаз баргҳои калони гирда, хӯшаҳои калони махрутшакли 350-400 грамма ва ғужбҳои калони байзашакли сафеди зардчаро доро буда, дар таркиби меваи пухтааш 20-21,5 фоиз қанд ҷамъ мешавад.<ref name="ref2182">Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 3. — Душанбе, 2014.</ref> Ангури Ванҷӣ нимаи моҳи май гул карда, мевааш нимаи августи ҳамон сол мепазад ва давраи нашъунамои он 135-145 рӯзро дар бар мегирад; ин навъ барои хӯрдан ва хушконидан мувофиқ буда, то 24 фоиз мавизи баландсифат медиҳад ва то моҳи январ нигоҳ дошта мешавад.<ref name="ref2182" /> Мутаассифона, токи ин навъи ангур ба сармо ва бемории гарда тобовар нест, ки ин омил боиси маҳдудияти парвариши он дар минтақаҳои хунуктар мегардад.<ref name="ref2182" />
=== Ҳунармандии анъанавӣ ===
Дар соҳаи ҳунармандӣ, мардуми Ванҷ таърихан ба истеҳсоли пойафзол (чоруқ, нимпоймонак) аз пӯсти дағалона коркардшуда ва либос аз матои ''«карбос»''-и худбоф машғул буданд, ки занон онро аз пашми дағал мебофтанд.<ref name="ref2112" /> Матоъ ва баъзе маҳсулоти дигар – аз ҷумла пӯсти рӯбоҳу гурба – ҳамчунин аз водиҳои ҳамсояи Шуғнону Рӯшон, тавассути пиёдагардон ва бо миқдори ками пинҳонӣ, ворид карда мешуданд, ки ин далели мавҷудияти шабакаи мубодилаи тиҷоратӣ дар байни аҳолии гуногуни Бадахшон аст.<ref name="ref2112" />
Мӯзаро (пойафзоли пошнадор) сокинони Ванҷ на дар маҳал, балки дар бозори Қалъаи Хумб мехариданд.<ref name="ref2112" /> Сабаби маҳдуд будани ин навъи воридот дар он буд, ки ҳокимияти Шуғнону Рӯшон содироти маҳсулоти маҳаллиро ба ҳама ҷо, ба ҷуз [[Кобул]], манъ карда буд.<ref name="ref2112" />
=== Чорводорӣ ва занбӯриасалпарварӣ ===
Дар муқоиса бо давраи пеш аз истиқлол, дар ноҳия саршумори чорвои калону майда дар маҷмуъ 2 баробар, истеҳсоли гӯшт 4 баробар ва истеҳсоли тухм 31 баробар афзудааст.<ref name="ref117" /> Тибқи омори соли 2023, саршумори чорвои калони шохдор ба 17 135 сар (нисбат ба 15 234 сар дар соли 2011) ва моли майда (гӯсфанду буз) ба 41 000 сар (нисбат ба 32 498 сар) расидааст; ҳамчунин дар хоҷагиҳои ноҳия 41 350 сари парранда ва 1082 оилаи занбӯри асал ба қайд гирифта шудааст.<ref name="ref117" /><ref name="ref115" /> Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди занбӯриасалпарвариро яке аз воситаҳои пасткунандаи камбизоатӣ ва таъминкунандаи шуғли деҳот муайян кардааст.
Сарватҳои зеризаминии ноҳия: пахтасанги кӯҳӣ (асбест), молибден, мармар ва ғайра; инчунин конҳои никел, оҳансанг ва оҳак мавҷуданд.
=== Муҳоҷирати меҳнатӣ ===
Мисли аксари минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон, иқтисодиёти хонаводаҳои Ванҷ ба таври назаррас аз муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳаволапулиҳо вобаста аст. Тибқи арзёбии [[Бонки Ҷаҳонӣ]] аз моҳи ноябри соли 2025, ҳаволапулиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ беш аз 30 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд ва, гарчанде вобастагӣ ба ин маблағҳо сатҳи камбизоатиро коҳиш додааст, нобаробарии даромад (нишондиҳандаи Гини) аз 32 то 38 дар байни солҳои 2021 ва 2023 афзудааст; ВМКБ дар қатори минтақаҳое зикр шудааст, ки бо маҳдудиятҳои шадиди ҷуғрофиву иқлимӣ рӯбарӯянд.<ref name="ref121">[https://www.worldbank.org/en/country/tajikistan/publication/poverty-and-equity-assessment Tajikistan Poverty and Equity Assessment] (англ.) // Бонки Ҷаҳонӣ, 22 сентябри 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Пажӯҳиши умумимиллии соҳаи тандурустӣ доир ба муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон нишон додааст, ки дар байни панҷ минтақаи кишвар (Душанбе, ВМКБ, Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ), ҳиссаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар аҳолии ВМКБ (49,59 фоиз аз намунаи пажӯҳишӣ) назар ба дигар минтақаҳо (камтар аз 32 фоиз) хеле баландтар будааст.<ref name="ref122">[https://pmc.ncbi.nlm.nih.gov/articles/PMC11679146/ Inclusion of Labor Migrants as a Potential Key Population for HIV: A Nationwide Study from Tajikistan] (англ.) // PMC/NCBI. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар маҷмуи умумимиллӣ, беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон ҳарсола барои кор ба Русия мераванд; ҳаволапулиҳо дар соли 2013 қариб нисфи маҷмуи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медоданд, ки то соли 2018 ба тақрибан 30 фоиз (2,2 миллиард доллари ИМА) коҳиш ёфт.<ref name="ref123">[https://www.migrationpolicy.org/article/dependent-remittances-tajikistan-prospects-dim-economic-growth Dependent on Remittances, Tajikistan\\\'s Long-Term Prospects for Economic Growth and Poverty Reduction Remain Dim] (англ.) // Migration Policy Institute. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Саноат ===
Дар ноҳия корхонаҳои хурди саноатӣ – сехи чӯҷабарорӣ, заводи хишти ''«Лугад»'', ҶДММ ''«Хрустал»'' – фаъолият доранд. Дар Ванҷ бозорҳои марказӣ ва марзӣ низ амал мекунанд.
25 июни соли 2025 дар ноҳия корхонаи истеҳсоли калсит, коркарди мармар ва сангҳои ороишии ҶСК ''«Мармар Стоун»'' ба кор шурӯъ кард, ки иқтидори солонаи он 40 ҳазор тонна маҳсулот буда, 40 сокини маҳаллиро бо ҷои кори доимӣ таъмин намудааст. Корхона чор хатти истеҳсолӣ дорад ва дар он беш аз 20 навъи санги табиӣ коркард мешавад; иқтидори истеҳсоли тахтасангҳои ороишӣ (мозаика) 10 ҳазор м³ ва коркарди санги мармар 160 ҳазор м³ дар як солро ташкил медиҳад.<ref name="ref124">[https://asiaplustj.info/tj/node/350189 Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ аз Ванҷ оғоз шуд. Президент дар ин ноҳия кадом иншоотро ба истифода дод?] // Asia-Plus, 25 июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="ref125">Ифтитоҳи корхонаҳои истеҳсоли калсит, коркарди мармар ва сангҳои ороишии ҶСК «Мармар Стоун» дар ноҳияи Ванҷ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
Дар ҳамон рӯз Парки саноатии ноҳия мавриди истифода қарор гирифт, ки дар масоҳати 788 м² ҷойгир буда, 6 корхонаи хурди истеҳсолиро фаро мегирад: истеҳсоли макарон, бандубасти маҳсулоти лӯбиёгӣ, коркарди равғани чормағз, коркард ва бандубасти меваи хушк, истеҳсоли собун ва дару тирезаҳои пластикӣ. Фаъолияти парк дар маҷмуъ 36 сокини маҳаллиро бо кор таъмин мекунад.<ref name="ref124" /><ref name="ref126">Ифтитоҳи Парки саноатии ноҳияи Ванҷ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
Дар доираи ҳамин парк, инчунин корхонаи коркарди равғани ангат (Hippophae rhamnoides) – растании шифобахши худрӯй, ки дар қад-қади дарёҳои ноҳия фаровон мерӯяд – ба кор шурӯъ кардааст; иқтидори он то 500 килограмм равғани холис дар як сол буда, аз ин ашё то 12 навъи маҳсулоти фармасевтию косметологӣ омода карда мешавад.<ref name="ref127">Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ // Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ, июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Пеш аз таъсиси ин корхона, дар деҳаи Ғуҷоваст соҳибкорзан Васила Ғафурова коргоҳи хурди коркарди ангатро таъсис дода буд, ки маводи он берун аз ноҳия низ харидор пайдо кардааст.<ref name="ref124" /> Барои дастгирии соҳибкории хурду миёна дар солҳои 2018-2019 ба соҳибкорони ноҳия зиёда аз 6,5 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шудааст.<ref name="ref128">Сафарҳои дохилӣ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Энергетика ===
Дар Ванҷ чандин неругоҳи хурди барқи обӣ (НБО) фаъолият мекунад. Аз ҷумла, НБО-и ''«Техарв»'' дар дарёи Ванҷ бо иқтидори 400 кВт таҷдид гардида, ба шабакаи ягонаи барқи кишвар пайваст карда шудааст; НБО-и ''«Андарбак»'' дар водии Язғулом ба шабакаи ширкати ''«Помир Энерҷӣ»'' пайваст аст.<ref name="ref129">[http://www.cawater-info.net/best-practices/ru/base/marker/21 Реконструкция МГЭС Техарв на реке Ванч мощностью 400 кВт в Ванчском районе Горно-Бадахшанской автономной области] (рус.) // CAWater-Info. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Таҳлилҳои соли 2021 нишон дода буданд, ки шабакаҳои барқии ноҳия ҳамагӣ 2,6 мегаватт барқ истеҳсол мекунанд, дар ҳоле ки барои фаъолияти пуриқтидори корхонаҳои нави саноати кӯҳӣ (ба мисли ''«Мармар Стоун»'') беш аз 5,6 мегаватт лозим буд.<ref name="ref130">Имсол дар Ванҷ дар 15 гектар боғи нав бунёд карда шуд // АМИТ «Ховар», июли 2021. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Моҳи июни соли 2025 хатти интиқоли барқи дузанҷираи 35 ва 110-киловолтаи Хоруғ-Рӯшон бо дарозии 67,5 км ва зеристгоҳи ''«Ҷангал»'' ба маблағи умумии 114 миллион сомонӣ ба истифода дода шуд, ки интиқоли муназзами неруи барқро ба ноҳияҳои Рӯшон, Ванҷ ва Дарвоз ба маротиб беҳтар мегардонад; ҳамзамон сохтмони хатти 42-километраи интиқоли барқи 110-киловолта аз маркази ноҳияи Рӯшон то зеристгоҳи ''«Вознавд»'' оғоз ёфт, ки ба истифода додани он дар нимсолаи аввали соли 2026 пешбинӣ шудааст.<ref name="ref131">[https://khovar.tj/2025/06/suhanronii-prezidenti-um-urii-to-ikiston-peshvoi-millat-emomal-ra-mon-dar-mulo-ot-bo-ro-baron-va-faoloni-viloyati-muhtori-k-istoni-badahshon/ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон] // АМИТ «Ховар», июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Нақлиёт ===
Нақлиёти ноҳия асосан автомобилист; як фурудгоҳи хурд ҳам дар шаҳраки Ванҷ (Рохарв) вуҷуд дорад. Қаламрави ғарбии ноҳия дар масири шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Мурғоб-Қулма қарор дорад; лоиҳаи таъмиру таҷдиди қитъаи ин шоҳроҳ аз Қалъаихумб то Ванҷ ва сарҳади ноҳияи Рӯшон арзиши умумии 2,5 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки то имрӯз корҳо ба маблағи 900 миллион сомонӣ анҷом ёфтаанд.<ref name="ref132">Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ванҷ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> 25 июни соли 2025 роҳи мошингарди маркази ноҳия то нуқтаи пайвастшавӣ ба ин шоҳроҳ, иборат аз ду хатти ҳаракат бо дарозии умумии 16 км, пас аз таҷдид ба истифода дода шуд; дар дарозои роҳ истгоҳҳои нақлиётӣ ва гузаргоҳҳо барои пиёдагардон бунёд гардидаанд.<ref name="ref124" /><ref name="ref133">Ифтитоҳи роҳи маркази ноҳияи Ванҷ то нуқтаи пайвастшавӣ ба шоҳроҳи Душанбе-Кулма // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
23 июни соли 2025 ширкати ҳавопаймоии ''«Тоҷик Эйр»'' пас аз ёздаҳ соли танаффус (парвози охирин соли 2014 сурат гирифта буд) хатсайри ҳавоии Душанбе-Ванҷ-Душанберо аз нав кушод: парвози нахустин бо 15 мусофир анҷом ёфт. Парвоз дар ин масир 50 дақиқа тӯл кашида, тибқи ҷадвал ҳафтае як маротиба, рӯзҳои ҷумъа, бо ҳавопаймои Ан-28 иҷро мешавад ва нархи чипта дар як самт 750 сомонӣ муайян гардидааст.<ref name="ref134">[https://asiaplustj.info/tj/node/350087 Оғози парвози ҳавопаймоӣ миёни Душанбе ва Ванҷ. Аввалин парвоз кай ва нархи чипта чанд аст?] // Asia-Plus, июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="ref135">[https://asiaplustj.info/tj/node/350121 Пас аз 11 сол. Аввалин парвози ҳавопаймо дар масири Душанбе-Ванҷ-Душанбе анҷом ёфт] // Asia-Plus, 23 июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар доираи татбиқи ''«Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»'' (қабулшуда 28 июни соли 2024), 24 феврали соли 2026 дар шафати роҳҳои мошингарди ноҳияи Ванҷ беш аз 2000 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва сояафкану мевадиҳанда шинонида шуд.<ref name="ref136">[https://khovar.tj/2026/02/daraht-binshon-dar-shafati-ro-oi-moshingardi-van-besh-az-2000-beh-ni-ol-shinonida-shud/ ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳҳои мошингарди Ванҷ беш аз 2000 бех ниҳол шинонида шуд] // АМИТ «Ховар», 24 феврали 2026. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Фарҳангу маориф ==
Пеш аз инқилоб аҳолии маҳаллии Ванҷ дар масҷидҳо ва хонаҳои муллоён хатту савод меомӯхтанд ва на ҳама ақшори мардум фурсат ва имкони саводомӯзӣ доштанд. Аз ин рӯ нисбати саводнокӣ дар миёни онҳо хеле паст буд ва ба сахтӣ метавонист ба 3-10 % бирасад. Саводомӯзии саросарии аҳолиро ҳукумати шӯравӣ ба роҳ монд.
Соли 1926 нахустин мактаб дар минтақа фаъолияти худро оғоз намуд: дар он танҳо 1 муаллим – Одил Боқиев (аз деҳаи Чихох) кор мекард ва 25 талаба дар он ҷо дарс меомӯхтанд. Соли 1930 шумораи муаллимон ба 7 нафар расид. Дар авохири даҳаи 30-юми асри XX тақрибан дар ҳамаи маҳалҳои сераҳолии деҳшӯроҳои Ванҷ мактабҳои ибтидоӣ таъсис ёфтанд, ки бештари бачагону наврасон дар онҳо таҳсил мекарданд.
Тобистони соли 1941 (дар арафаи [[Ҷанги Бузурги Ватанӣ]]) дастгоҳи кинонамоишдиҳӣ дар Ванҷ сохта, ба марҳалаи истифода расид. Соли 1941 дар вилоят 41 китобхона вуҷуд дошт, аз ҷумла китобхонаи ноҳиявӣ дар маркази Ванҷ ва 12 чойхонаи сурх. Дар аввали моҳи апрели соли 1930 дар яке аз деҳаҳои баландкӯҳи водии Ванҷ – Рованд нахустин маҷлиси ҷавонон баргузор шуд.
Дар соли таҳсилии 2011-2012 дар ноҳияи Ванҷ 50 мактаб, аз ҷумла 23 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 4 мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, 13 мактаби ибтидоӣ, мактаб-интернат ва муассисаи томактабӣ вуҷуд дошт. Дар ҳамин сол дар мактабҳои ноҳия 7437 талаба таҳсил мекард, ки ба онҳо 928 муаллими соҳибмаълумоти олӣ дарс медоданд.
25 июни соли 2025 дар деҳаҳои Мотравн, Будун, Вишхарв, Жамаг, Бунай, Техарв ва Ғиҷовасти ноҳия 7 кӯдакистони нав ифтитоҳ гардид: чор кӯдакистон аз ҳисоби буҷети маҳаллии вилоят ва се кӯдакистони дигар аз ҳисоби сокинони деҳаҳо тариқи ҳашар сохта шудаанд. Ин муассисаҳо аз 20 синфхона иборат буда, барои 380 тарбиятгиранда пешбинӣ шудаанд ва дар онҳо 34 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.<ref name="ref124" /><ref name="ref137">[https://khovar.tj/2025/06/peshvoi-millat-emomal-ra-mon-dar-no-iyai-van-ba-tavri-ma-oz-7-muassisai-talimii-tomaktabiro-iftito-namudand/ Ифтитоҳи 7 кӯдакистон дар ноҳияи Ванҷ] // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
Дар Ванҷ 45 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 1 театр, 13 клуб, 2 автоклуб, 5 хонаи фарҳанг, 25 китобхона бо фонди 114 960 нусха китоб фаъолият мекунад. Рӯзномаи ноҳиявӣ бо номи ''«Ватан»'' нашр мешавад: тибқи маълумоти Энсиклопедияи миллии тоҷик, ин нашрия соли 1937 ҳамчун органи Кумитаи Ҳизби коммунистӣ ва кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи ноҳия бо номи ''«Ҳақиқати Ванҷ»'' ба нашр расида, нахустин сардабираш Пирумшо Роҳатов буд; аз соли 1963 он бо номи ''«Ватан»'' моҳе як бор нашр мешавад ва адади нашраш дар соли 2014 ба 1200 нусха расидааст.<ref name="ref2182" /> Рӯзнома дар тӯли даҳсолаҳо нақши муҳимро дар инъикоси ҳаёти фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии Ванҷ бозидааст.
Ванҷ ҳамчунин дорои мероси ғании эҷодиёти шифоҳии мардумӣ – афсонаҳо, қиссаҳо, зарбулмасалҳо ва чистонҳо – мебошад, ки аз насл ба насл интиқол ёфта, ҷаҳонбинӣ ва арзишҳои ахлоқии сокинони минтақаро инъикос мекунанд; намунаҳои қадимтарини сабтшудаи чунин фолклор ба маҷмуаи Семёнов (1903) тааллуқ доранд (ниг. боло, бахши ''«Осори таърихӣ»''). Бо вуҷуди ин, қисми зиёди ин мероси шифоҳӣ то ҳол ба таври пурра ҷамъоварӣ ва илман таҳқиқ нашудааст.
== Тиб ==
Аввалин иттилои тиббии сабтшуда дар бораи Ванҷ ба гузориши капитан Кузнецов (соли 1892) рост меояд, ки паҳншавии бемории зоб (гулбандварамӣ)-ро дар байни дигар бемориҳои маъмули Дарвоз махсус қайд кардааст:
''«Изъ другихъ болѣзней особенно развитыхъ въ Дарвозѣ, слѣдуетъ отмѣтить зобъ, главнымъ образомъ по рѣкѣ Ванчъ.»''
Тарҷума: ''«Аз дигар бемориҳое, ки дар Дарвоз хеле паҳн шудаанд, бояд зобро қайд кард, ки асосан дар канори дарёи Ванҷ вомехӯрад»''.<ref name="ref138">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 51.</ref>
Соли 1939 дар Ванҷ маркази тиббӣ ва бемористоне барои 10 кат сохта шуда буд. Ин иттифоқ дар канори душвориҳои азиме ба вуҷуд омад: то оғози асри XX дар водӣ тибби илмӣ вуҷуд надошт ва сокинон танҳо ба гиёҳдармонӣ ва дуохонӣ такя мекарданд, ки боиси сатҳи баланди фавти модарону кӯдакон мегардид.<ref name="ref49" /> Тибқи як таҳқиқи диссертатсионӣ, гузариш ба тибби муосир бо муқовимати шадид ҳамроҳ буд: соли 1929 табиби рус Спажев, ки барои расонидани кумаки аввалияи тиббӣ ба Ванҷ фиристода шуда буд, аз ҷониби дастаҳои босмачӣ ба қатл расонида шуд – ҳодисае, ки соли 1931 бо қатли табиб Олхов дар ноҳияи ҳамҷавори Қалъаихумб такрор ёфт.<ref name="ref139">Диссертатсия // Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ.</ref> Муҳоҷирати маҷбурии соли 1954-и сокинони водии Язғулом ба водии гарми Вахш низ оқибатҳои вазнини беҳдоштӣ – бемории оммавӣ ва фавти зиёди кӯдакон – ба бор овард, ки яке аз сабабҳои бозгашти тадриҷии як қисми муҳоҷирон ба зодгоҳашон гардид.<ref name="ref49" />
Ҳоло дар ноҳия як беморхонаи марказӣ (дар шаҳраки Рохарв, дорои 6 шуъбаи бистарикунонӣ), як беморхонаи минтақавӣ дар водии Язғулом, 22 бунгоҳи тиббӣ, маркази назорати беҳдоштӣ (санитарию эпидемиологӣ) ва 4 дорухона фаъолият доранд. Тибқи маълумоти соли 2023, ба ин шабака 57 310 нафар бемор муроҷиат кардааст – ба ҳисоби миёна беш аз 1,6 маротиба барои ҳар сокини ноҳия дар як сол.<ref name="ref140">Ванҷ. Роҳандозии тадбирҳо дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар сохтори марказии шабака 47 духтури дорои маълумоти олӣ ва 193 корманди миёнаи тиббӣ кор мекунанд; рақами 369 нафар пизишки дорои маълумоти олӣ, ки дар маъхазҳои умумӣ оид ба ноҳия зикр мешавад, эҳтимол тамоми мутахассисони тиббии ҳудуди ноҳияро – аз ҷумла дорухонаҳо, СЭС ва муассисаҳои хусусиро – дар бар мегирад.<ref name="ref140" />
Дар водии дурдасти Язғулом, ки пеш аз истиқлол мардум маҷбур буданд беморони вазнинро тавассути чорвои борбар ба масофаҳои дур интиқол диҳанд, имрӯз як дармонгоҳи минтақавӣ, ду маркази саломатӣ, се бунгоҳи тиббӣ дар деҳаҳои дурдаст ва як таваллудхонаи махсусгардонидашуда фаъолият доранд.<ref name="ref140" /> Дар деҳаи Гармчашмаи ҷамоати Рованд, наздики лозури Ванҷях, як маркази саломатии муосир бо ҳамкории Вазорати тандурустӣ ва Хадамоти ҳифзи сиҳатии [[Бунёди Оғохон]] (Aga Khan Health Services) сохта шудааст.<ref name="ref141">Ифтитоҳи маркази саломатӣ дар ноҳияи Ванҷ // АМИТ «Ховар», сентябри 2015. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар доираи барномаи миллии рушди инфрасохтори тиббӣ, соли 2025 сохтмони бинои нави Беморхонаи марказӣ барои 120 кат бо арзиши 114 миллион сомонӣ оғоз гардид.<ref name="ref142">Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Ванҷ // Президенти Тоҷикистон, 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Барои ҳалли норасоии кадрҳо, тайи давраи соҳибистиқлолӣ 142 нафар хатмкунандаи ноҳияи Ванҷ дар муассисаҳои олии тиббии ҷумҳурӣ (пеш аз ҳама Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино) таҳсил кардаанд, ки аз ин шумора 40 нафар тавассути квотаи президентӣ буда, соли 2025 боз 22 нафари дигар ба ҳамин квота фаро гирифта шуданд.<ref name="ref142" /> Барномаи ''«Корвони саломатӣ»''-и Вазорати тандурустӣ низ борҳо ба Ванҷ ташриф оварда, ба табибони маҳаллӣ таҷрибаандӯзӣ фароҳам овардааст.<ref name="ref143">«Корвони саломатӣ». Сокинони ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ бо хизматрасонии ройгони тиббӣ фаро гирифта шуданд // АМИТ «Ховар», майи 2022. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Бо сабаби баландкӯҳ будани минтақа, Ванҷ таърихан ба минтақаҳои паҳншавии бемории ҷоғвар (норасоии йод) мансуб буд; тибқи маълумоти таҳлилӣ, дар натиҷаи стратегияи миллии йодизатсияи намак сатҳи паҳншавии ин беморӣ дар давраи солҳои 2019-2023 то 72 фоиз коҳиш ёфтааст.<ref name="ref144">Авҷи Зуҳал, № 2, 2025.</ref> Бо назардошти сатҳи баланди муҳоҷирати меҳнатии сокинони ноҳия, маркази маҳаллии мубориза бар зидди ВНМО (ВИЧ) корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни ҷавонон пайваста мегузаронад.<ref name="ref140" /> Дар давраи пандемияи [[COVID-19]] Беморхонаи марказии Ванҷ шуъбаи бемориҳои сироятиро ба реҷаи фавқулодда гузаронид, ва моҳи июни соли 2020 тибқи барномаи дастгирии [[Иттиҳоди Аврупо]] ба ин муассиса таҷҳизоти муҳофизати инфиродӣ (PPE) расонида шуд.<ref name="ref145">EU timeframe for PPE distribution // Хадамоти амали берунии Иттиҳоди Аврупо (EEAS), июни 2020. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Беморхонаи марказӣ соли 2014 пурра ба низоми гармкунии барқӣ (аз ҳисоби неругоҳҳои хурди барқи обӣ) гузашт, ҳарчанд барои ҳолатҳои фавқулодда ҳарсола захираи эҳтиётии сӯзишворӣ нигоҳ дошта мешавад.<ref name="ref146">Беморхонаи Ванҷ ба низоми гармкунии барқӣ гузашт // АМИТ «Ховар», январи 2014. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Тибқи санҷиши Агентии амнияти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳо (июли 2024), Беморхонаи марказии Ванҷ талаботи қонунгузории бехатарии радиатсиониро пурра риоя намуда, дараҷаи хатари фаъолияти он ''«паст»'' арзёбӣ шудааст.<ref name="ref147">[https://cbrn.tj/ Феҳристи Агентии амнияти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ (cbrn.tj)]. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Варзиш ==
Ванҷ аз даврони қадим бо гуштигирони номвари худ шуҳратёр буд. Номи паҳлавонони ванҷӣ – Амонат, Сулаймон, Дилдор, Хушдил, Худоӣ, Ҳиммат, Ш. Дилов, Алифбек ва дигарон то кунун ба некӣ ёд мешавад ва қиссаҳои майдондориашон ҳанӯз вирди забони хосу ом аст. Соли 2024 гӯштини миллии тоҷикӣ ([[гӯштингирӣ]]) дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта шуда, мақоми расман байналмилалӣ касб кард; шумораи мусобиқаҳои ин намуди варзиш дар саросари ҷумҳурӣ аз 485 адад дар соли 2020 то тақрибан 4000 адад дар соли 2022 афзудааст.<ref name="ref148">[https://mfa.tj/tg/brussels/view/12033/gushtini-tojiki-maqomi-bainalmilali-girift Гӯштини тоҷикӣ мақоми байналмилалӣ гирифт] // Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Паҳлавони ванҷӣ [[Шакармамад Мирмамадов]], ки дар якчанд намуди варзиш (ҷудо, кураш, гӯштингирӣ) рақобат мекунад, яке аз муваффақтарин варзишгарони вазни сангини Тоҷикистон дар даҳсолаи охир аст: соҳиби медали биринҷии Бозиҳои XVIII осиёии соли 2018 дар Ҷакарта (ҷудо, +100 кг),<ref name="ref149">Бозиҳои XVIII осиёӣ: Шакармамад ҳам соҳиби медали биринҷӣ гардид // Радиои Озодӣ. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> медали тиллои Чемпионати 13-уми Осиё оид ба кураш дар Теҳрон (июни 2024)<ref name="ref150">Шакармамад Мирмамадов қаҳрамони Осиё оид ба кураш // Варзиш ТВ. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> ва медали тиллои Нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ дар Душанбе (28-31 августи 2024, бо иштироки беш аз 200 варзишгар аз 63 давлат) гардид.<ref name="ref151">Варзишгари тоҷик Шакармамад Мирмамадов дар нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ медали тилло ба даст овард // АМИТ «Ховар», августи 2024. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар мусобиқаҳои Наврӯзии байналмилалӣ дар Хоруғ (марти 2025) ва Рашт (апрели 2026) низ ғолиб омада, ҳарду бор соҳиби автомобил гардид.<ref name="ref1" /><ref name="ref152">[https://khovar.tj/2026/04/mu-ammadin-shodmon-far-od-va-shakarmamad-so-ibi-sho-oiza-oi-musobi-ai-g-shtini-millii-no-iyai-rasht-shudand/ Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд] // АМИТ «Ховар», 15 апрели 2026. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
25 марти соли 2020 дар ҷамоати деҳоти Язғулом бахшида ба Наврӯз мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ баргузор гардид, ки дар он беш аз 300 нафар паҳлавон на танҳо аз Ванҷ, балки аз Душанбе, [[Бохтар]], Кӯлобу Хоруғ ва ноҳияҳои Дарвозу Рӯшон иштирок карданд.<ref name="ref1" />
Дар ноҳия беш аз 40 иншооти варзишӣ мавҷуд аст. 25 июни соли 2025 дар деҳаи Убари Даргов толори варзишӣ бо масоҳати умумии 615 м², иборат аз толори асосӣ, толори тенниси рӯи миз ва ҳуҷраҳои ёрирасон, ба истифода дода шуд.<ref name="ref124" /><ref name="ref153">Ифтитоҳи толори варзишӣ дар деҳаи Убари Даргови ноҳияи Ванҷ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref> Ҳамчунин, 15 ноябри соли 2025, дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар деҳаи Андарбоғи ҷамоати Язғулом толори варзишии замонавӣ, ки бо маблағи 480 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст, ба истифода дода шуд.<ref name="ref14" /> Пеш аз ин, 11 сентябри соли 2018 бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамин ҷамоати Язғулом низ як толори варзишӣ ба истифода дода шуда буд.<ref name="ref15" />
Ба ғайр аз гӯштин, дар солҳои охир [[волейбол]] низ дар ноҳия рушд кардааст: дар мусобиқаи маҳаллӣ 7 дастаи волейболи ҷавонон иштирок доранд, ва дастаи ноҳияи Ванҷ дар Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявии волейбол дар ноҳияи Восеъ дар қатори дастаҳои пуриқтидоре чун ''«Регар ТадАЗ»'' ва дастаи шаҳри Душанбе иштирок карда, рақобати арзанда нишон додааст.<ref name="ref154">[https://khovar.tj/2025/06/regar-tadaz-dar-musobi-a-oid-ba-volejbol-dar-no-iyai-vose-sazovori-sho-oiza-gardid/ «Регар ТадАЗ» дар мусобиқа оид ба волейбол дар ноҳияи Восеъ сазовори Шоҳҷоиза гардид] // АМИТ «Ховар», июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар Бозиҳои осиёии соли 2018, ки [[самбо]] бори аввал ба барномаи он дохил шуда буд, Тоҷикистонро дар қатори дигарон ду варзишгари ҷавон – Ҷомии Ҳасанӣ ва Сомон Сангов – намояндагӣ карданд.<ref name="ref149" />
== Шахсиятҳои маъруф ==
[[Мулло Муҳаммадёри Ванҷӣ]] (машҳур ба Мулло Ёр) – шоири маъруфи мардумии тоҷик, зодаи деҳаи Ғумаяки водии Ванҷ; мероси ӯ то имрӯз дар байни мардуми кӯҳистони тоҷик маҳбубият дорад.<ref name="ref2" />
=== Илмҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ ===
Раҳим Масов (16 ноябри 1939, деҳаи Мудеҳарви ноҳияи Ванҷ – 21 июни 2018, Душанбе) – таърихшиноси барҷастаи тоҷик, доктори илмҳои таърих, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон; солҳои 1988–2015 директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш.<ref name="ref155">[https://khovar.tj/rus/2022/11/akademik-rahim-masov-zhizn-posvyashhennaya-otstaivaniyu-natsionalnyh-interesov-tadzhikistana-segodnya-velikomu-uchenomu-ispolnilos-by-83-goda/ Академик Рахим Масов: жизнь, посвящённая отстаиванию национальных интересов Таджикистана] (рус.) // НИАТ «Ховар», 16 ноябри 2022. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="ref156">[https://asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/society/20180621/segodnya-v-dushanbe-skonchalsya-akademik-rahim-masov Сегодня в Душанбе скончался академик Рахим Масов] (рус.) // Азия-Плюс, 21 июни 2018. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Ҳайдаршо Пирумшоев (таваллуд 30 декабри 1944, ноҳияи Ванҷ) – таърихшинос, доктори илмҳои таърих, профессор; муаллифи асарҳои ''«Ванҷ»'' (М., 2004), ''«Ванҷи ману ганҷи ман»'' (Душанбе, 2013) ва таҳқиқоти сершумор оид ба таърихи Бадахшону Помир.<ref name="ref157">[https://asiaplustj.info/tj/node/356410 Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо... 30 декабри соли 2025] // Asia-Plus. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
[[Комил Бекзода]] (Беков Комилҷон; таваллуд 9 январи 1945, деҳаи Узбайи ноҳияи Ванҷ) – файласуфи тоҷик, доктори илмҳои фалсафа.<ref name="ref158">[https://www.ozodi.org/a/600091.html Комил Бекзода Наврузро ҷашни орзуҳо медонад - Радиои Озодӣ]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Хатмкардаи шуъбаи забони арабии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1967), беш аз ҳафт сол дар Миср ва Яман ба ҳайси тарҷумон кору фаъолият намуд.<ref name="ref159">[https://kmt.tj/komil-bekzoda-fajlasufe-bo-andeshai-milly/ Комил Бекзода – файласуфе бо андешаи миллӣ - Китобхонаи миллии Тоҷикистон]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Соли 1988 рисолаи номзадӣ дар мавзӯи «Муҳаммади Шаҳристонӣ – муаррихи дин ва фалсафа» ва соли 2019 рисолаи доктории худро таҳти унвони «Нақши шуубия дар таърихи худшиносии халқи тоҷик» ҳимоя намуд.<ref name="ref159" />
Авсамад (Абдусамад) Ҳайдаров (таваллуд 1 октябри 1961, деҳаи Бунайи ноҳияи Ванҷ) – забоншинос ва педагог, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент.<ref name="ref160">[[Авсамад Ҳайдаров|Авсамад Ҳайдаров — Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Хатмкардаи факултети шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1986), солҳои 1986–1988 дар ҳайати қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон хидмат кард.<ref name="ref160" /> Соли 2012 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи ислоҳоти маорифи Аҳмади Дониш дифоъ намуд ва соли 2019 китоби ''«Фарҳанги тафсирии мухтасари луғоти шеваи ҷанубу шарқии забони тоҷикӣ»''-ро таълиф кард, ки дар он, аз ҷумла, этимологияи вожаи «Ванҷ» таҳлил шудааст.<ref name="ref10" /><ref name="ref160" />
{| class="wikitable"
!'''Ҷадвали 6. Намояндагони барҷастаи илмҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ аз ноҳияи Ванҷ'''
|-
|'''Ному насаб'''
|'''Соҳаи фаъолият'''
|'''Асарҳо ва дастовардҳои калидӣ'''
|'''Унвони илмӣ / Мақом'''
|-
|Раҳим Масов
|Таърихнигорӣ
|Таҳқиқи тақсимоти ҳудудии миллӣ дар Осиёи Миёна
|Академик, директори Институти таърих (1988–2015)
|-
|Ҳайдаршо Пирумшоев
|Таърихнигорӣ
|''«Ванҷ»'' (2004), ''«Ванҷи ману ганҷи ман»'' (2013)
|Доктори илмҳои таърих, профессор
|-
|Авсамад Ҳайдаров
|Педагогика, забоншиносӣ
|Таҳқиқи афкори Аҳмади Дониш, ''«Фарҳанги тафсирии мухтасари луғот...»''
|Номзади илмҳои педагогӣ, дотсент
|}
=== Илмҳои табиатшиносӣ ===
Кабут Вазиров (15 ноябри 1938 – 13 июли 2019) – муҳандис-геолог, номзади илмҳои геология ва минералогия (1975), профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои муҳандисии Тоҷикистон (2003).<ref name="ref161">[[Кабут Вазиров|Кабут Вазиров — Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Зодаи ноҳияи Ванҷ, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1961), муаллифи зиёда аз 400 мақолаи илмию методӣ, 4 китоби дарсӣ ва 3 монография оид ба сарватҳои зеризаминии Тоҷикистон.<ref name="ref161" /> Пас аз даргузашти ӯ хонаводааш 638 нусха китоб аз китобхонаи шахсиаш ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон тақдим намуданд.<ref name="ref162">[http://old.kmt.tj/beshtar-az-600-kitobi-kabut-vazirov-ba-kitobhonai-milli-takdim-shud Бештар аз 600 китоби Кабут Вазиров ба Китобхонаи миллӣ тақдим шуд]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
Саид Савлатов (таваллуд 17 майи 1940, деҳаи Чихохи ноҳияи Ванҷ) – биолог, дотсент, номзади илмҳои биологӣ (1972).<ref name="ref163">[[Саид Савлатов|Саид Савлатов — Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Таҳқиқоти ӯ ба масъалаҳои растанипарварӣ, ҳашаротшиносӣ ва меросгузории аломатҳо дар наслҳои гибридии пахта бахшида шудаанд; солҳои 1984–1989 мудири кафедраи зоологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ буд ва бо нишони «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (1984) сарфароз гардидааст.<ref name="ref163" />
=== Адабиёт ва рӯзноманигорӣ ===
Дар марҳилаи адабиёти шӯравӣ ва пасошӯравӣ, Басир Расо (13 июли 1931 – 11 июли 2010), зодаи деҳаи Водхуд, ба яке аз чеҳраҳои шинохтаи адабиёти танзу ҳаҷви тоҷик табдил ёфт; дар кӯдакӣ тарбиятгирандаи хонаи бачагон буд ва дар ансамбли этнографии бачагонаи Помир иштирок мекард, ва фаъолияти меҳнатии худро солҳои 1948–1949 ба ҳайси пионервожатӣ оғоз намуд.<ref name="ref19" /><ref name="ref164">[https://navisandagan.tj/tj/%D1%80%D0%B0%D1%81%D0%BE-%D0%B1%D0%B0%D1%81%D0%B8%D1%80/ РАСО БАСИР - ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref><ref name="ref165">[[Басир Расо|Басир Расо — Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Пас аз хатми факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1956), фаъолияти рӯзноманигории худро дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» ва маҷаллаи «Хорпуштак» оғоз намуд ва аз соли 1964 то охири умраш – беш аз чиҳил сол – сармуҳаррири маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» боқӣ монд.<ref name="ref166">[https://www.ozodi.org/a/2097189.html Даргузашти сардабири "Хорпуштак" - Радиои Озодӣ]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref><ref name="ref164" /> Маҷмӯаҳои ашъори ӯ, аз қабили ''«Дар боргоҳи нур»'', ''«Нидои дӯст»'' ва ''«Баҳори орзӯ»'', ба жанри ғазал ва шеъри лирикӣ низ тааллуқ доранд; ӯ дорои унвони «Ходими шоистаи маданияти Тоҷикистон» буд.<ref name="ref165" />
Дар соҳаи журналистикаи муосир ва таҳлилӣ, рӯзноманигори собиқадор Аслам Додихудоев (1946–2023) нақши босазо дошт ва дар инкишофи матбуоти даврӣ ва мактаби журналистикаи таҳлилии кишвар саҳм гузоштааст.<ref name="ref167">[[:ru:Додихудоев|Додихудоев - Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Тибқи феҳристи категорияи «Зодагони ноҳияи Ванҷ»-и Википедияи тоҷикӣ, дигар аҳли қалам ва рӯзноманигорони зодаи ин ноҳия – аз ҷумла Хилватшоҳи Маҳмуд, Бурҳон Раҳмон, Наврӯз Гулзода ва Насрин Идибеков – низ дар ғанигардонии фазои адабӣ ва иттилоотии кишвар саҳм доранд.<ref name="ref168">[[:Гурӯҳ:Зодагони ноҳияи Ванҷ|Гурӯҳ:Зодагони ноҳияи Ванҷ — Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
=== Санъати тасвирӣ ва мусиқӣ ===
Анваршо Сайфиддинов, Арбоби ҳунар ва Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон, аз соли 1984 узви Иттифоқи рассомони собиқ ИҶШС буда, дар доираҳои ҳунарӣ ба унвони ғайрирасмии «Шоҳи рангҳо» маъруф аст.<ref name="ref169">[https://farah-info.com/habari-ruz/nigohi-purasrori-anvarsho-sajfiddinov-ba-gety/ Нигоҳи пурасрори Анваршо Сайфиддинов ба гетӣ - Асосӣ - Фараҳ]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Осори ӯ – аз наққошӣ то санъати монументалӣ – рамзҳои фарҳанги бостонии тоҷиконро бо услубҳои муосир омезиш медиҳад; намунаҳои эҷодиёташ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва коллексияҳои Русия, Аврупо ва Осиё маҳфузанд, ва ӯ ҳамчун омӯзгор дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов фаъолият дорад.<ref name="ref169" /> Дар соҳаи санъати амалӣ, устод Маҳмадкарим Рақибов, омӯзгори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва нақшҳои миллӣ фаъолият мебарад.<ref name="ref170">[https://ddstdt.tj/10524-2/ МУСАВВИР - Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Дар соҳаи санъати овозхонӣ, Нуқраи Суннатниё низ ҳамчун яке аз хонандагони шинохтаи зодаи ноҳия ном бурда мешавад.<ref name="ref168" />
=== Идоракунии давлатӣ ва сиёсат ===
Қодири Қосим (таваллуд 9 апрели 1961, ноҳияи Ванҷ) – ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон.<ref name="ref171">Председатель Федерации независимых профсоюзов Таджикистана Кодири Косим выдвинут кандидатом в депутаты Маджлиси намояндагон (рус.) // НИАТ «Ховар», январи 2020. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Маҳмадулло Абдуллоев роҳбарии ноҳияи Ванҷро зиёда аз 20 сол (тахминан солҳои 1980-ум) ба ҳайси котиби якум бар ӯҳда дошт; таҳти роҳбарии ӯ соли 1984 нахустин корхонаи истеҳсоли санги мармар дар Бадахшон ба кор даромад ва боғдории минтақа (аз ҷумла парвариши чормағз дар мавзеи «Ҷангали Зуго» ва навъҳои гуногуни тут) рушд ёфт.<ref name="ref172">[[Деҳоти Маҳмадулло Абдуллоев|Деҳоти Маҳмадулло Абдуллоев — Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Ба ифтихори ин хидматҳо, ҷамоати марказии ноҳия (собиқ ҷамоати Ванҷ) расман ба номи Маҳмадулло Абдуллоев номгузорӣ шудааст.<ref name="ref173">[[:ru:Махмадулло_Абдуллоев_(джамоат)|Махмадулло Абдуллоев (джамоат) - Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
Ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992–1997 ба ҷомеаи зиёии Ванҷ низ талафоти вазнин овард: тибқи феҳристи қурбониён ва бедарак гумшудагони даврони ҷанг, ашхосе чун Қурбонназар Халифаев (соли таваллуд 1967, муаллим), Қурбон Абдуллоев (соли таваллуд 1938) ва Муҳаммадӣ Назарихудоев (соли таваллуд 1955, мудири шуъбаи комиҷроияи ноҳияи Ҷилликӯл) дар байни бедарак гумшудагону кушташудагони ин давра ёд мешаванд.<ref name="ref174">[https://www.ozodi.org/a/31911429.html Рӯйхат. Номи гуруҳе аз қурбониён ва гумшудаҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
{| class="wikitable"
!'''Ҷадвали 8. Намояндагони идоракунии давлатӣ ва ниҳодҳои ҷамъиятӣ аз ноҳияи Ванҷ'''
|-
|'''Ному насаб'''
|'''Давраи фаъолият'''
|'''Вазифа ва саҳми асосӣ'''
|-
|Маҳмадулло Абдуллоев
|Солҳои 1980-ум
|Роҳбари ноҳия (>20 сол), бунёди корхонаи мармар (1984), рушди боғдории саноатӣ
|-
|Қодири Қосим
|Давраи муосир
|Ходими давлатӣ, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил
|}
=== Варзиш ===
Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ [[Мурувватшо Бачабеков]] (1 майи 1944 – 9 сентябри 2023, деҳаи Баравни ҷамоати Водхуд) – бунёдгузори мактаби муосири гӯштини Ванҷ; солҳои 1972–1994 устоди кафедраи тарбияи ҷисмонии Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) буд.<ref name="ref175">[https://www.bomdod.com/2023/09/12/ustodi-pahlavononi-vanj-muruvvatsho-bachabekov-az-dunyo-raft/ Устоди паҳлавонони Ванҷ Мурувватшо Бачабеков аз дунё рафт] // Бомдод, 12 сентябри 2023. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Маҳмадшариф Сулаймонов (зодаи деҳаи Рованд) – устоди дигари варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ дар гӯштини миллӣ, ки зиёда аз панҷоҳ сол дар майдони паҳлавонӣ фаъолият дорад.<ref name="ref176">Суфраи паҳлавонӣ // Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Носир Хусравов (1958 – 9 январи 2024), хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, мураббии варзидаи гӯштини миллӣ ва самбо буд; ҳамчун мудири мактаби варзишии ноҳияи Ванҷ ва сармураббии дастаи мунтахаби самбои ВМКБ даҳҳо варзишгари сатҳи байналмилалиро тарбия кардааст.<ref name="ref177">[https://www.ozodi.org/a/32767418.html Падари ҷаҳонпаҳлавон Хушқадам Хусравов даргузашт - Радиои Озодӣ]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
Хушқадам Хусравов (таваллуд 1 январи 1993, деҳаи Рохарв), писар ва шогирди Носир Хусравов, дар вазни 62 кг оид ба самбо рақобат мекунад.<ref name="ref178">[[:en:Khushqadam_Khusravov|Khushqadam Khusravov - Wikipedia]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Соли 2013 ӯ қаҳрамони ҷаҳон байни ҷавонон гардид, соли 2014 дар Тошканд қаҳрамони Осиё шуд ва соли 2018 дар Бухарести Руминия унвони қаҳрамони ҷаҳон оид ба самборо ба даст овард.<ref name="ref179">[https://khovar.tj/2015/03/medali-tilloi-hush-1179-adam-husravov-dar-1206-omi-1207-a-1203-onii-sambo/ Медали тиллои Хушқадам Хусравов дар Ҷоми ҷаҳонии самбо | АМИТ "Ховар"]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref><ref name="ref180">[[Хушқадам Хусравов|Хушқадам Хусравов — Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
Дастоварди олимпии таърихиро Сомон Маҳмадбеков (таваллуд 24 марти 1999, Иркутск, Русия) ба даст овард; вай дар хонаводаи тоҷикони муҳоҷир, зодагони ноҳияи Ванҷ (Моёншоҳ Маҳмадбеков ва Ҷамила Парвонаева), ба дунё омадааст. Дар Бозиҳои олимпии Париж (2024) ӯ барандаи медали биринҷӣ дар намуди ҷудо гардид.<ref name="ref181">[https://www.bomdod.com/2024/07/31/nahustin-medali-tojikiston-dar-bozihoi-olimpii-poris-ofarinat-supersomon/ НАХУСТИН МЕДАЛИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПОРИС. ОФАРИНАТ, СУПЕРСОМОН! - Пойгоҳи хабарии "Бомдод"]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
Дар деҳаи Вишхарвак муаллими мактаб Рамазон Синонов барои наҷоти як наврас бо хирси ваҳшӣ дастбагиребон шуда, онро мағлуб кард – ҳодисае, ки дар матбуоти маҳаллӣ ҳамчун намунаи паҳлавонии ғайривaрзишии сокинони Ванҷ инъикос ёфт.<ref name="ref182">[https://www.bomdod.com/2021/10/21/muallimi-pahlavoni-vanji-hirsro-haluk-andohtu-ba-zamin-afkand/ МУАЛЛИМИ ПАҲЛАВОНИ ВАНҶӢ ХИРСРО ҲАЛУК АНДОХТУ БА ЗАМИН АФКАНД]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
{| class="wikitable"
!'''Ҷадвали 7. Натиҷаҳои барҷастаи варзишгарони мактаби Ванҷ дар сатҳи байналмилалӣ'''
|-
|'''Варзишгар'''
|'''Намуди варзиш'''
|'''Унвон ва мусобиқа'''
|'''Дастовард'''
|-
|Сомон Маҳмадбеков
|Ҷудо
|Бозиҳои олимпӣ (2024, Париж, Фаронса)
|Медали биринҷӣ
|-
|Хушқадам Хусравов
|Самбо
|Чемпионати ҷаҳон (2018, Бухарест, Руминия)
|Медали тилло
|-
|Хушқадам Хусравов
|Самбо
|Чемпионати Осиё (2014, Тошканд, Ӯзбекистон)
|Медали тилло
|-
|Шакармамад Мирмамадов
|Гӯштингирӣ
|Чемпионати ҷаҳон (2024, Душанбе, Тоҷикистон)
|Медали тилло
|-
|Шакармамад Мирмамадов
|Ҷудо
|Бозиҳои осиёӣ (2018, Ҷакарта, Индонезия)
|Медали биринҷӣ
|-
|Шакармамад Мирмамадов
|Кураш
|Чемпионати Осиё (2024, Теҳрон, Эрон)
|Медали тилло
|}
=== Соҳибкории иҷтимоӣ ва диаспора ===
Баҳор Мирзоев, зодаи деҳаи Бунайи ҷамоати Ҷовидон, дар доираи солҳои 2019–2021 аз пасандозҳои шахсии худ 140 ҳазор сомонӣ барои сохтани пули пиёдагузари замонавӣ болои дарёчаи кӯҳии Даргов (тақрибан 35 метр дарозӣ) сарф намуд, ки барои чор нафар сокинони маҳаллии баргашта аз муҳоҷират ҷойи кори муваққатӣ фароҳам овард.<ref name="ref183">[https://migration.tj/%D1%81%D0%BE%D2%B3%D0%B8%D0%B1%D0%BA%D0%BE%D1%80%D3%A3-%D0%B2%D0%B0%D0%BD%D2%B7%D3%A3-%D0%BF%D1%83%D0%BB%D0%B8-%D0%BF%D0%B8%D1%91%D0%B4%D0%B0%D0%B3%D1%83%D0%B7%D0%B0%D1%80-%D0%BC%D0%B5%D1%81%D0%BE/ Соҳибкорӣ Ванҷӣ пули пиёдагузар месозад - Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
Марҳум Эҳсоншо Мунавваров ва Моёншо Маҳмадбеков ҳамчун тоҷирони шинохта дар Федератсияи Русия, ҳамчун мададрасон ва пуштибони иҷтимоии диаспораи тоҷикони ноҳияи Ванҷ дар хориҷ аз кишвар эътироф шудаанд.<ref name="ref184">[https://pressa.tj/so%D2%B3ibkori-muvaffa%D2%9Bi-van%D2%B7%D3%A3-dar-rusiya-darguzasht/ Соҳибкори муваффақи ванҷӣ дар Русия даргузашт - Pressa.tj]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
Тибқи феҳристи категорияи «Зодагони ноҳияи Ванҷ»-и Википедияи тоҷикӣ, дар қатори шахсиятҳои маъруфи соҳаҳои гуногун инчунин метавон аз Мадатбек Тоҷибеков, Меҳровар Ғайратов, Муриват Бекназаров, Саломи Нуриёни Баравнӣ, Саттор Қувватов, Сафина Иронова, Толиббек Бухориев, Тоҳир Гулов, Шумқор Одинабеков, Ғайратшо Роҳатов ва Қобиламоҳ Баротова ном бурд, ки ҳар кадоме дар рушди бахшҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар саҳм доранд.<ref name="ref168" />
== Ҳукумат ==
Сарвари ноҳияи Ванҷ Раиси ноҳия аст, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мегардад.<ref name="ref3" /> Ниҳоди намояндагии ноҳия – Маҷлиси вакилони халқ мебошад, ки аз тарафи мардуми ноҳия ба муддати 5 сол интихоб мешавад.<ref name="ref3" />
Раисони ноҳия дар тӯли фаъолияти маъмурии он борҳо иваз шудаанд; барои мисол, 17 ноябри соли 2021 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷабори Қосим аз мансаби раиси ноҳияи Ванҷ озод карда шуда, ба ҷои ӯ Мардзода Одинашо Миршаб ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия таъин гардид.<ref name="ref185">[https://sputnik.tj/20211117/barkanori-jabbori-qosim-nazarshozoda-vanj-roshtqala-1043601608.html Раисони Ванҷу Роштқалъа барканор шуданд: раҳбарони нав киянд?] // Sputnik Тоҷикистон, 17 ноябри 2021. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Эзоҳ ==
{{Reflist|30em}}
== Манобеъ ==
# Андреев М. С. Выработка железа в долине Ванча (верховья Аму-Дарьи). – Ташкент, 1926.
# Арандаренко Г. А. Дарваз и Каратегин // Военный сборник. – 1883. – № 11–12.
# Бубнова М. А. Горно-Бадахшанская автономная область. Западный Памир (памятники каменного века – XX в.). – Душанбе, 2008. – (Археологическая карта Таджикистана).
# Бурхан-уд-Дин-хан Кушкеки. Путеводитель по Каттагану и Бадахшану. – Ташкент, 1926.
# Гамильтон А. Афганистан / пер. С. П. Голубинова. – СПб., 1908.
# Гулшанӣ. Таърихи ҳумоюн. – Душанбе, 2006.
# Искандаров Б. И. Восточная Бухара и Памир во второй половине XIX в. Ч. 1-2. – Душанбе, 1962-1963.
# Кисляков Н. А. Калым и приданое у таджиков // Сборник статей по истории и филологии народов Средней Азии, посвящённый 80-летию со дня рождения А. А. Семенова. – Сталинабад, 1953.
# Крыленко Н. В., Щербаков Д. И., Марков К. К. Пять лет по Памиру (Итоги памирских экспедиций 1928, 1929, 1931, 1932, 1933 гг.). – Москва–Ленинград: Издательство Академии наук СССР, 1935.
# Камалиддинов Ш. С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX – начала XIII вв. – Ташкент, 1996.
# Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). – Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893.
# Лашкарбеков Б. Б. Старованджский язык (vanǰivor) // Основы иранского языкознания: Среднеиранские и новоиранские языки / под ред. В. А. Ефимова. – М.: Восточная литература, 2008. – С. 61-109.
# Масов Р. М. К истории Ванчской долины // Мероси ниёгон. – Душанбе, 1999. – № 4. – С. 20-30.
# Мушкетов Д. И. Рохаръ (Кала-и-Ванчъ). – Петроградъ: Типографія М. М. Стасюлевича, 1916. – (Отдѣльный оттискъ изъ тома LII (1916 г.) Извѣстій Императорскаго Русскаго Географическаго Общества № 876).
# Пирумшоев Ҳ. Ванҷ. – М., 2004.
# Пирумшоев Ҳ., Зафаров А. Ванҷи ману ганҷи ман (очерки таърихӣ). – Душанбе, 2013.
# Постников А. В. Схватка на «Крыше Мира»: политики, разведчики и географы в борьбе за Памир в XIX веке. – М.: Памятники исторической мысли, 2001. – ISBN 5-88451-100-0.
# Розенфельд А. З. Ванджские говоры таджикского языка / ЛГУ им. А. А. Жданова. – Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. – 151 с.
# Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. – М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903.
# Снесарев А. Е. Восточная Бухара (военно-географический очерк) // Сборник географических, топографических и статистических материалов по Азии. Вып. LXXIX. – СПб.: Военная типография, 1906.
# Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. – Душанбе: СИЭМТ, 2013.
# Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 3. – Душанбе, 2014.
# Эдельман Д. И. Язгулямский язык. – М.: Наука, 1966.
# Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. – М.: Наука (ГРВЛ), 1975. – С. 41-62.
# Языки мира: Иранские языки. III. Восточноиранские языки. – М.: Индрик, 2000.
# Юхновский И. Нѣсколько словъ объ условіяхъ жизни въ горахъ Дарваза и въ долинѣ рѣки Ванча // Туркестанские Ведомости. – 1894. – № 65. – С. 64–65.
# Moseley Chr. (ed.) Atlas of the World's Languages in Danger. – 3rd ed. – Paris: UNESCO Publishing, 2010.
# Paul D., Abbess E., Müller K., Tiessen C., Tiessen G. Language Access and Tajik Language Proficiency among the Yazghulami of Tajikistan. – SIL International, 2010.
== Пайвандҳо ==
* [https://www.vanjiman.com/ Сомонаи vanjiman.com]
* [https://vanj.info/ Торнамои Ванҷ (vanj.info)]
* [http://badakhshon.tj/?page_id=11224 Саҳифаи ноҳияи Ванҷ дар сомонаи расмии ВМКБ]
* [[c:Category:Vanj_District|Парвандаҳо дар Викианбор (Vanj District)]]
{{тоҷикистон-ҷуғ-нопурра}}
{{Тақсимоти маъмурии ВМКБ}}
{{Ноҳияи_Ванҷ}}
[[Гурӯҳ:Ноҳияҳои Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]]
[[Гурӯҳ:Ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]]
[[Гурӯҳ:Ноҳияи Ванҷ]]
n0pnp3qkmbc5bvudzd78aahzvgw17oo
1482040
1482039
2026-07-26T06:18:55Z

Тибқи гузориши ӯ, дар кӯҳҳои Ванҷ се кони асосии маъдани оҳан вуҷуд дошт: конҳои Техарв (сердаромадтарин ва пуристифодатарин, дар наздикии деҳаи Техарв, ки ба он бо роҳи зеризаминӣ – штолня – дастрасӣ ҳосил мешуд), Пойи Мазор (дар болооби дарёи Ванҷ) ва кони назди деҳаи Потов (маъдани он бо сифати пасттар).<ref name="ref52" /> Дар кони Техарв конканҳо бо чароғи равғанӣ (''«чроғ»'', ки чор ададашро якбора меафрӯхтанд) ва табарҳои махсус (''«тавар»'') кор мекарданд; як конкан дар як рӯз аз 20 то 40 пуд маъдан меканд, ду нафар ҳамзамон кофтуков мекарданд ва се-чор нафари дигар маъданро ба берун мебароварданд. Гурӯҳҳои конканӣ одатан аз 5 то 20 нафар иборат буданд ва баъд аз ҷамъоварии миқдори кофӣ (аз 20 то 50 бор – вобаста ба захираи ангишти дар дастрас), маъданро ба пушт бор карда, бо ёрии асои махсуси кӯҳнавардӣ (''«шкорчӯб»'', ки нӯги оҳанин дорад) аз пасти пур хатарнок фуруд меомаданд.<ref name="ref52" /> Мавсими асосии конканӣ тирамоҳ буд, вақте ки корҳои саҳроӣ ба анҷом расида буданд; онҳое ки натавонистанд тирамоҳ маъдан ҷамъ кунанд, инро дар баҳор анҷом медоданд.<ref name="ref52" />
Истихроҷи оҳан аз болооби водии Ванҷ то деҳаи Бунай (болотар аз қалъаи пешинаи Рохарв) идома дошт; поёнтар аз Бунай ин ҳунар маъмул набуд, зеро ҳам масофа то кон дуртар буд ва ҳам сӯзишворӣ кам буд – дар он ҷо танҳо буттаи ''«пӯш»''-ро ба ҷои ангишт истифода мебурданд.<ref name="ref52" /> Қариб ҳар як хонаводаи Ванҷи Боло дар як сол як маротиба кӯраи худро пур мекард; агар ангишту маблағ кофӣ намебуд, якчанд хонавода (то 10 нафар ва баъзан бештар) муттаҳид мешуданд. Дар ду деҳа – Техарв (6 хона) ва Бунай (18 хона) – кӯраҳои умумиҷамоатӣ вуҷуд дошт, ки тамоми сокинон якҷоя аз онҳо истифода мебурданд.<ref name="ref52" />
Кӯраи ванҷӣ (''«чиндон»''), ки Андреев дар ду деҳа мушоҳида кардааст, аз навъи хеле ибтидоӣ буд: утоқи назди он ''«бунг» (бом)'' ба шакли заминкан, тахминан 3,5-4 метр дарозӣ ва бараш, канда мешуд ва танҳо як арш аз сатҳи замин болотар мебаромад. Дар дохили он чуқурии мураббаъ бо номи ''«пога»'' (пойгоҳ, айнан ҳамон истилоҳе, ки барои сатҳи фарши хонаи тоҷикони кӯҳӣ ба кор меравад) канда мешуд, ки то як метр аз сатҳи атроф пасттар буд; аз он тоқчаи шишамонанди калон – ба монанди меҳроби масҷид – ба сӯи берун мекушод.<ref name="ref52" /> Даричаи вурудӣ ''«дарик» (дарак, дари хурд)'', ки ҳангоми пуркунии кӯра бо девори тунуки сангин (тахминан 20 см ғафсӣ) баста мешуд, аввал бо ҳезуми арчагӣ (беҳтарин сӯзишворӣ) ё буттаи хордори ''«ангет»'' пур карда мешуд.<ref name="ref52" /> Фурма ''«булул»'', ки ба воситаи он ба дохили кӯра ҳаво медамиданд, аз гили носӯзи маҳаллӣ бо номи ''«рехч»'' сохта мешуд, ки танҳо дар наздикии деҳаи Бунай истихроҷ мегардид ва барои он ҳатто аз деҳаҳои дурдасти Ванҷи Боло меомаданд.<ref name="ref52" />
Раванди гудозиш чунин буд: аввал ҳезум месӯхтанд, сипас ба воситаи фурма ва дамҳои чармини бузӣ ба он медамиданд; вақте ки ҳезум ба ангишт мубаддал мешуд, аввал ангишт, сипас маъдани майдакардашуда илова мекарданд ва дамидан бе қатъшавӣ, рӯзу шаб, то анҷоми пурраи гудозиш идома меёфт.<ref name="ref52" /> Сатҳи оҳани гудохташуда дар қаъри кӯра бо роҳи фурӯ бурдани чӯбак ба даруни фурма муайян карда мешуд: агар чӯбак ба оҳан бирасад, дарҳол забона мезад. Шумораи фурмаҳои истифодашуда, вобаста ба миқдори маъдану ангишт, одатан аз 10 то 30 адад буд.<ref name="ref52" /> Барои гудохтани як пур кӯра, ки одатан аз 2 то 5 шабонарӯз тӯл мекашид (баъзан то 8-10 шабонарӯз дар назди хонаводаҳои сарватманд), кӯра дар як шабонарӯз тахминан 15 пуд ангишт ва ба ҳамин андоза маъдан фурӯ мебурд.<ref name="ref52" />
Дар ин раванд низоми маҳаллии ''«ҳашар»'' – ёрии мутақобилаи меҳнатӣ бидуни музди пул, шабеҳи мубодилаи шир ё кӯмаки барзагов ҳангоми шудгор – ба кор бурда мешуд: ҳангоме ки як аъзои гурӯҳ кӯраашро пур мекард, дигар аъзоён ба кумак меомаданд ва дар навбати худ низ ҳамин гуна кумак мегирифтанд.<ref name="ref52" /> Ҳайати муқаррарии коргарони як кӯра 12 нафарро ташкил медод; душвортарин кор дамидан бо ду даме дар навбат буд. Соҳиби кӯра дар давоми кор чор бор дар шабонарӯз хӯрок медод: субҳидам ''«умоч»'' (шӯрбои орд бо чакка), нисфирӯзӣ ''«нону ош»'' (шӯрбои нахӯд бо нон), пеш аз ғуруб ''«амруту чормағз»'' (нок ва чормағзи хушк) ва ҳангоми ғуруб ''«ширҷӯш»'' (шири ҷӯшонидашуда бо нон).<ref name="ref52" /> Ду писарбачаи наврас бо номи ''«ғовгар»'' (яке рӯзона, дигаре шабона) назорати сатҳи пуркунии кӯраро ба уҳда доштанд ва бо садои ''«ғовта бгӣ»'' навбати дамидани навбатиро эълон мекарданд.<ref name="ref52" />
Пас аз хомӯшшавии кӯра, ба он 3-4 рӯз имконияти сард кардан дода мешуд; оҳани гудохташуда дар шакли як пораи бузург дар қаъри кӯра мунҷамид мешуд, ки атрофи онро сағораи (''«сав»'') бо болғаҳои вазнин ''«пулк» (путк)'' мекӯбиданд ва канор мезаданд. Сифати оҳан якхела набуд: канораҳояш нарм буда, барои наъл, бел ва нӯги плуг истифода мешуд, дохилаш бошад, сахттар буда, бо номи ''«қрч»'' маъруф буд ва барои корд, табар ва дос ба кор мерафт.<ref name="ref52" /> Пас аз гудозиш, соҳиби кӯра оҳангареро даъват мекард, ки якчанд рӯз дар хонаи ӯ кор карда, оҳани хомро ба маснуот табдил медод; дар ивази хӯроки хонагӣ, ангишт ва дастёрони дамкунӣ, оҳангар аз ҳар даҳ маснуоти сохташуда якто (яъне 1/10-и маҳсулот)-ро ҳамчун музди худ мегирифт.<ref name="ref52" />
Аз оҳани коркардшуда дар Ванҷ маснуоти зерин истеҳсол мешуд: ''«новк»'' (новак, нӯги сипор), ''«табар»'' (табар), ''«каноҷ»'' (зоғнӯл), ''«кланд»'' (каланд), ''«теша»'', ''«дос»'', ''«корча»'' (кордча, корд), ''«дравш»'' (дарафш), ''«севун»'' (сӯҳон), ''«наъл»'', ''«ожбр»'' (ошбур, кордҳои махсуси ошпазӣ) ва ''«қайчин»'' (миқроз, қайчии пашмтарошӣ).<ref name="ref52" /> Тиҷорати ин маснуот бо минтақаҳои ҳамсоя пурра ба таври мубодилавӣ сурат мегирифт: харидорон худашон ба Ванҷ меомаданд, на баръакс. Вахиёчиён аз ағбаҳои бузург гузашта, матоъҳои пашмини дастбоф (чакман, чодар, товарза) ва намак (тамоми намаки Ванҷ аз Вахиё меомад) меоварданд; дарвозиён карбос, салла ва намак (ки худашон аз Нижголои Вахиёи Поён мехариданд) меоварданд; язғуломиён ҷӯроби пашмӣ, тасмаи зинпӯши пашмӣ, зардолуи хушк ва чоруқи маҳаллӣ пешниҳод мекарданд; шуғнониён халатҳои пашмӣ, ҷӯроб ва пӯст (барои дӯхтани пойафзол) меоварданд; аз тарафи Афғонистон бошад, асосан матои карбос ворид мешуд.<ref name="ref52" />
Дар мавриди решаи маънавии ин ҳунар, Андреев қайд кардааст, ки пуштивони оҳангарон, мисли дигар оҳангарони мусулмони Осиё, пайғамбар Довуд дониста мешавад; пеш аз афрӯхтани кӯра барои ӯ дуо мекарданд ва ваъда медоданд, ки қисме аз маҳсулоти оянда ба номи ӯ бахшида шавад.<ref name="ref52" /> Ривояти пайдоиши ин ҳунар – бо номи ''«Рисола»'' – назди устои калон нигоҳ дошта мешуд ва пеш аз оғози кор хонда мешуд; тибқи ин ривоят, шогирди ҷавони пайғамбар Довуд бо номи ''«Усто-Хурдак»'' боре беадолатӣ карда, оҳанро аввал барои марди сарватманд, на камбағал, кор карда буд ва ба ҷазои ин даст ва бозуяш сӯхт; пас аз тавба, пайғамбар Довуд ба ӯ истифодаи анбурро омӯзонд, зеро то он замон кордсозон оҳани тафтаро бевосита бо даст мегирифтанд.<ref name="ref52" />

dgfy8rc1ntfs8g617pka9075bzrqo28
1482041
1482040
2026-07-26T07:37:46Z

Лаҳҷаҳои ванҷии забони тоҷикӣ мавзӯи таҳқиқи бунёдии эроншиноси рус А. З. Розенфелд гардидаанд, ки соли 1964 дар [[Ленинград]] монографияи махсуси ''«Ванджские говоры таджикского языка»''-ро дар ҳаҷми 151 саҳифа ба табъ расонидааст.<ref name="ref89">Розенфельд А. З. Ванджские говоры таджикского языка / ЛГУ им. А. А. Жданова. — Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. — 151 с.</ref> Дар гуфтугӯи мардуми Ванҷ ҷӯйборҳои лозурӣ, ки деҳаҳо дар канораи онҳо бино ёфтаанд, ''«даргов»'' номида мешаванд; ба ақидаи Ҳ. Пирумшоев, ин вожа гунаи тағйирёфтаи ибораи ''«даргоҳи об»'' аст.<ref name="ref2" /> Аммо дуруст он аст, ки аслаш дарагоб/дараоб (обе ки аз дара меояд) аст, зеро дар форсии миёна "дара" "дараг" навишта ва талаффуз мешудааст. Тибқи фарзияи дигари забоншиносӣ, метавон решаи вожаи ''«дарғов»''-ро бо калимаи осетинии ''«dærg»'' (''«дароз»'') пайванд дод, яъне маънои аслии он ''«оби дароз»'' бошад.<ref name="ref90">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. — Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. — §50–52.</ref>
Тибқи таснифи Розенфелд, гӯишҳои ванҷӣ ҷузъи таркибии гӯишҳои дарвозӣ буда, якҷоя бо онҳо ба гурӯҳи васеътари гӯишҳои ҷанубу шарқии забони тоҷикӣ дохил мешаванд.<ref name="ref91">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. — Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. — §59.</ref> Хусусияти муҳимтарини гӯишҳои дарвозиву-ванҷӣ – ҷобаҷогузории зарраи ''«ме-»''-и замони ҳозира-оянда аз аввали феъл ба охири он (миёни асос ва флексия) мебошад, ки дар ҳамаи гӯишҳои ин гурӯҳ, ба ғайр аз гӯиши болои Ванҷ, мушоҳида мешавад.<ref name="ref92">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. — Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. — §60, §61.</ref> Аз миёни гӯишҳои дарвозӣ, ба гӯиши ванҷӣ аз ҳама наздиктар гӯиши ягидӣ (алалхусус ба зерлаҳҷаи водхудии поёни Ванҷ) ва гӯиши миёнаи дарвозиву-ваҳиёӣ (ба лаҳҷаи миёнаи Ванҷ) мебошанд.<ref name="ref93">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. — Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. — §62.</ref>
Гуфтанист, ки таснифи забоншиносии соли 1906-и Снесарев аз таснифи дақиқтари баъдинаи Розенфелд каме фарқ мекард: ба гуфтаи ӯ, сокинони водии Язғулом ва болооби Ванҷ ба яке аз лаҳҷаҳои забони шуғнонӣ сухан мегуфтанд — тасниферо, ки пажӯҳиши забоншиносии баъдина, бо ҷудо кардани забони ванҷӣ ба унвони узви алоҳидаи гурӯҳи шимолии забонҳои помирӣ (ниг. боло), дақиқтар намуд.<ref name="ref2192" />
=== Лаҳҷаҳои дохилии гӯиши ванҷӣ ===
Розенфелд дар дохили гӯиши ванҷӣ се лаҳҷаи асосиро фарқ мекунад: лаҳҷаи поёни Ванҷ, лаҳҷаи миёнаи Ванҷ (ки онро боз лаҳҷаи ваҳиёиву-ванҷӣ низ меноманд) ва лаҳҷаи болои Ванҷ.<ref name="ref94">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. — Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. — §54.</ref>
Лаҳҷаи поёни Ванҷ дар деҳаҳои соҳили рости дарёи Ванҷ (аз резишгоҳ ба боло) – Вискроғ, Бичхарвак, Рохарв (маркази ноҳия), Бовид ва Одешт – ва дар соҳили чап – Дашти Роғ, Лангар, Гишхун ва Ғумаяк, инчунин дар деҳаҳои ҷамоати Водхуд роиҷ аст; аксарияти сокинони поёни Ванҷ ва Водхуд муҳоҷиронанд, ки бештарашон аз Дарвоз ва қисман аз болои Ванҷ ба ин ҷо кӯчидаанд.<ref name="ref15" /> Дар дохили ин лаҳҷа ду зерлаҳҷа – водхудӣ ва гишхунӣ – фарқ карда мешаванд; барои зерлаҳҷаи водхудӣ лабиалишавии қавии садоноки ''«о»'', мавҷудияти зарфи ''«fru/fre»'' ба маънои ''«поён»'' ва истифодаи шакли дуюми замони ҳозира-ояндаи феъл дар шахсҳои якум ва саввуми танҳо бо флексияи ''«-a»'' (масалан, ''«gama»'', ''«ravama»'' ба ҷои шакли маъмули дарвозиву-ванҷии ''«game»'', ''«rave»'') хос аст.<ref name="ref95">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. — Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. — §56, саҳ. 12.</ref>
Лаҳҷаи миёнаи Ванҷ (ваҳиёиву-ванҷӣ) аз деҳаи Бунай то деҳаҳои Доршир (дар соҳили рост) ва Гуҷовас (дар соҳили чап), то деҳаи болотарини водӣ – Поймазор – паҳн аст. Сокинони ин минтақаро ''«ваҳиёчиён»'' меноманд, зеро аксарашон муҳоҷироне мебошанд, ки аз водии Ваҳиёи Боло ба ин ҷо кӯчидаанд. Барои ин лаҳҷа мавҷудияти ҳамсадоҳои болофаринголии ''«ҳ»'' ва ''«айн»'', истифодаи пасванди ''«-ak»'' дар шахси саввуми танҳои замони гузашта (''«umadastak»'' – ''«ӯ омад»''), калимаи ''«oča»'' ба маънои ''«модар»'' (ба ҷои ''«muma»''-и роиҷ дар дигар лаҳҷаҳои ванҷӣ) ва номи ''«ruzan»'' барои равзанаи дуд хос аст; ин лаҳҷа аз рӯи аломатҳои зикршуда ба лаҳҷаи ваҳиёиву-дарвозӣ наздик мешавад.<ref name="ref96">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. — Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. — §57, саҳ. 12.</ref>
Лаҳҷаи болои Ванҷ аз деҳаи Доршир то сарчашмаҳои дарёи Ванҷ – дар деҳаҳои Сетарғ, Мурғутга, Ван-Вани Боло ва Поён (соҳили рост) ва Гуҷовас, Гумаст, Рованд, Гармчашма, Сунгад (соҳили чап) – паҳн аст. Сокинони ин минтақа худро ''«ванҷиҳо»'' ё ''«ванҷиёни туптӣ»'' (яъне бумӣ) меноманд ва маҳз дар ҳамин лаҳҷа лексикаи бештар архаистӣ, аз ҷумла боқимондаҳои алоҳидаи забони куҳани ванҷӣ, то имрӯз нигоҳ дошта шудааст.<ref name="ref97">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. — Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. — §58, саҳ. 12–13.</ref> Хусусияти муҳимтарини лаҳҷаи болои Ванҷ дар он аст, ки зарраи ''«ме-»'' дар аввали шакли феълӣ боқӣ мемонад ва ба охири он нагузашта; маҳз бо ҳамин аломат, ин лаҳҷа аз ҳамаи дигар гӯишҳои дарвозиву-ванҷӣ фарқ мекунад.<ref name="ref92" />
Аз лиҳози овоӣ (фонетикӣ), гӯишҳои ванҷӣ бо паҳншавии васеи фонемаи ''«ə»'' (ки ба садонокҳои кӯтоҳи забони адабӣ рост меояд) ва мулоимшавии садоноки ''«ӯ»'' тавсиф мешаванд.<ref name="ref98">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. — Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. — §1–3, саҳ. 5–6.</ref> Далели дигари куҳансолии ин гӯишҳо паҳншавии васеи фонемаи ''«ж»'' аст, ки дар забони адабии тоҷикӣ танҳо дар се-чор калима боқӣ мондааст, ҳол он ки дар гӯишҳои ванҷӣ гурӯҳи назарраси калимаҳо бо ин ҳамсадо сабт шудаанд (масалан, ''«жеғ»'' – якрав, ''«жовидан»'' – ҷавидан).<ref name="ref99">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. — Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. — §15, саҳ. 6–7.</ref> Афтодани ҳамсадои ''«д»'' дар миёни калима, ки хоси гӯишҳои дарвозиву-ванҷист, ба сохти флексияи феълӣ низ таъсир расонидааст: дар замони гузашта шахси саввуми танҳо флексияи ''«-и»''-ро мегирад (масалан, ''«babori»'' – ''«борид»''), шахси саввуми ҷамъ бошад – флексияи ''«-ин»''.<ref name="ref100">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. — Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. — §11.</ref>
Дар морфология, ҷамъбандии исм тавассути пасвандҳои ''«-о»'' (умумӣ), ''«-ун»'' (барои исмҳои ҷондор) ва ''«-гала»'' (барои гурӯҳи одамон) сурат мегирад.<ref name="ref16" />
Лексикаи гӯишҳои ванҷӣ, нисбат ба гӯишҳои дарвозӣ низ, дараҷаи баландтари архаизмро нишон медиҳад: дар он калимаҳое нигоҳ дошта шудаанд, ки дар забонҳои адабии тоҷикӣ ва форсӣ дигар истифода намешаванд, вале дар ашъори Фирдавсӣ ё дар фарҳангҳои қадимӣ сабт гардидаанд (масалан, ''«кӯп»'' ба маънои ''«санг»'', ''«харсанг»'').<ref name="ref101">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. — Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. — §48.</ref> Илова бар қабати калони калимаҳои помирӣ, дар гӯишҳои ванҷӣ гурӯҳи калимаҳое низ ба назар мерасанд, ки бо забони яғнобӣ ва ҳатто бо забони бостонии осетинӣ (аз шохаи шимолии забонҳои эронӣ) муштараканд.<ref name="ref90" /> Дар ''«Феҳристи калимаҳои куҳани ванҷӣ»'', ки ҳамчун замима ба монография пайваст шудааст, Розенфелд бар пояи таҳлили лексикӣ ва фонетикӣ ба хулосае мерасад, ки забони куҳани ванҷӣ ба гурӯҳи шуғнонию рӯшонии забонҳои помирӣ тааллуқ доштааст.<ref name="ref102">Розенфелд А. З. Ванджские говоры таджикского языка. — Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. — Замимаи «Феҳристи калимаҳои куҳани ванҷӣ».</ref>
Бархе донишмандони рус, монанди И. И. Зарубин, А. З. Розенфелд ва дигарон, назарияеро дар бораи вуҷуди куҳанзабони ванҷӣ (русӣ: старованджский язык) ироя кардаанд, ки тибқи он ин забон тақрибан дусад сол пеш аз байн рафта, гӯиши кунунии ванҷӣ ҷойгузинаш шудааст. И. И. Зарубин дар ин маврид мегӯяд:
"Забони куҳнаи ванҷӣ дар водии Ванҷ (шохоби рости Панҷ) ва саргуломӣ дар болооби дарёи Саргулом, дар шарқи вилояти Файзободи Афғонистон ривоҷ дошт. Тақрибан дусад сол пеш лаҳҷаҳои тоҷикӣ ҷои онҳоро гирифтанд".
Забоншинос Т. Н. Пахалина дар баррасии муқоисавии забонҳои помирӣ, забони ванҷиро дар силсилаи забонҳои помирӣ чунин ҷой додааст:
''«Ванджский язык, известный в настоящее время по небольшому количеству слов, зафиксированных в 1924 г. И. И. Зарубиным [6], а позднее — А. З. Розенфельд [28; 29] (в прошлом был распространен в долине Ванджа — правого притока Пянджа).»''
Тарҷума: ''«Забони ванҷӣ, ки имрӯз танҳо бо шумораи ками вожаҳо маълум аст ва соли 1924 аз ҷониби И. И. Зарубин ва баъдтар аз ҷониби А. З. Розенфелд сабт шудааст (дар гузашта дар водии Ванҷ — шохоби рости Панҷ — роиҷ буд).»''.<ref name="ref103">Пахалина Т. Н. Сравнительный обзор памирских языков // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 222.</ref>
Шаҳодати дигаре дар бораи фарҷоми ин забон дар мақолаи Т. Г. Абаева дар бораи пажӯҳишҳои А. В. Станишевский омадааст:
''«Укором в адрес лингвистов звучало сообщение о том, что в долине Ванча недавно умерли последние старики, владевшие ванчским языком.»''
Тарҷума: ''«Хабаре барои забоншиносон ҳамчун сарзаниш садо дод ва он ҳам дар бораи он, ки дар водии Ванҷ, ба наздикӣ пиронсолони охироне, ки забони куҳнаванҷиро медонистанд, аз дунё гузаштанд.»''.<ref name="ref104">Абаева Т. Г. Исследования А. В. Станишевского (Азиза Ниалло) о Памире // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 290.</ref>
Дар байни намунаҳои камшумори боқимондаи забони куҳани ванҷӣ, ки дар хотираи шифоҳии пиронсолони маҳал нигоҳ дошта шудаанд, ибораи ''«Агни капол, пасни двол, чангола вол»'' сабт гардидааст.<ref name="ref2152">"ҶМЛАЕ АЙ ЗАБУНИ КУНАИ ВАНҶӢ" (маводи забоншиносии шифоҳӣ, аз Анҷумани Ванҷ).</ref> Тибқи тахмини муҳаққиқони маҳаллӣ, ин ибора метавонад ба маънои тахминии ''«оташ дар пешонӣ, пас дар девор, бо чанголҳо бархез»'' тарҷума шавад; мавҷудияти вожаи ''«агни»'' (оташ), ки дар забони санскрит низ бо ҳамин маъно ба кор меравад, аз бостонии решаҳои ин забон гувоҳӣ медиҳад.<ref name="ref2152" /> Ин намуна, ҳарчанд аз нигоҳи забоншиносии илмӣ то ҳол таҳлили муфассал нашудааст, аҳамияти он дар нигоҳдории бехатари охирин осори шифоҳии забони куҳани ванҷӣ, ки гӯяндагони охирини он – тавре ки дар боло зикр гардид – аллакай даҳсолаҳо пеш аз дунё гузаштаанд, нуҳуфта аст.
Забони язғуломӣ, ки дар шаш деҳаи ҷамоати Язғулом ба кор меравад, забони бехат аст ва шумораи гӯяндагонаш тақрибан 3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад; аксари язғуломиён дузабонаанд ва забони тоҷикиро низ медонанд.<ref name="ref105">Язгулямский язык (рус.) // Лингвистический энциклопедический словарь. — М.: Советская энциклопедия, 1990.</ref><ref name="ref106">[https://old.bigenc.ru/linguistics/text/4924529 Язгулямский язык] (рус.) // Большая российская энциклопедия. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Таҳқиқи бунёдии ин забон ба қалами эроншиноси маъруф Д. И. Эделман тааллуқ дорад, ки соли 1966 дар [[Маскав]] монографияи ''«Забони язғуломӣ»''-ро ба табъ расонидааст.<ref name="ref107">Эдельман Д. И. Язгулямский язык. — М.: Наука, 1966.</ref> Пас аз муҳоҷирати соли 1954 бахше аз язғуломизабонон дар ноҳияи Куйбишеви водии Вахш низ сокин шуданд ва забони язғуломӣ то кунун дар он ҷо низ ба кор меравад.<ref name="ref60" />
Дар ''«Атласи забонҳои дар хатар қарордоштаи ҷаҳон»''-и ЮНЕСКО (таҳти таҳрири Кристофер Мозли, соли 2010), забони язғуломӣ ба зумраи забонҳои осебпазир (Vulnerable) дохил гардидааст.<ref name="ref108">Moseley Chr. (ed.) Atlas of the World\\\'s Languages in Danger. — 3rd ed. — Paris: UNESCO Publishing, 2010.</ref> Тибқи ҳамин Атлас, аз 15 забони дар хатар қарордоштаи Осиёи Марказӣ, 11-тояш дар Тоҷикистон, бештараш дар ҳудуди ВМКБ, роиҷ аст.<ref name="ref109">[https://old.asiaplustj.info/en/news/tajikistan/society/20170629/unesco-publishes-atlas-of-the-worlds-languages-in-danger UNESCO publishes atlas of the world\\\'s languages in danger] (англ.) // Тоҷикистон Ньюз Азия-Плюс, 29 июни 2017. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Пажӯҳиши ҷомеашиносии забонии Д. Пол, Э. Аббесс, К. Мюллер, К. Тиссен ва Г. Тиссен нишон медиҳад, ки муносибати сокинони водии Язғулом ба ҳарду забон – язғуломӣ ва тоҷикӣ – мусбат аст: забони модарӣ дар зиндагии рӯзмарра пурқувват боқӣ монда, ҳеҷ нишонае аз ҷойивазкунии он бо забони тоҷикӣ мушоҳида намешавад, ҳарчанд забони тоҷикиро низ дар баъзе ҳавзаҳо муфид медонанд.<ref name="ref110">Paul D., Abbess E., Müller K., Tiessen C., Tiessen G. Language Access and Tajik Language Proficiency among the Yazghulami of Tajikistan. — SIL International, 2010.</ref> Дар пойгоҳи байналмилалии таснифи забонҳо ''«Глоттолог»'' забони куҳани ванҷӣ бо рамзи ''«oldw1238»'' ва забони язғуломӣ бо рамзи ''«yazg1240»'' сабт шудаанд.<ref name="ref111">Glottolog 5.0, коди «oldw1238» (забони куҳани ванҷӣ) ва «yazg1240» (забони язғуломӣ).</ref>
== Бахшбандӣ ==
Бар асоси Қонуни тақсимоти маъмурию ҳудудии кишвар, ноҳияи Ванҷ аз 1 шаҳрак (Ванҷ) ва 6 ҷамоат иборат аст:<ref name="ref112">Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013. — 332 с.</ref>
{| class="wikitable"
!'''Ҷадвали 5. Ҷамоатҳои ноҳияи Ванҷ'''
|-
|'''Ҷамоат'''
|'''Аҳолӣ (нафар)'''
|'''Деҳаҳо'''
|-
|ба номи Маҳмадулло Абдуллоев
|10 983
|Бичхарв, Бодалд, Ускроғ, Роғ, Дашти Роғ, Панҷшанбеобод, Убари Даргов, Рохарв, Гушхун, Ғумаяк, Бовуд, Одешт, Ҷангали Зуго
|-
|Водхуд
|2178
|Пшихарв, Даштак, Лугад, Бунига, Узбай, Лахш, Баравн, Баравни Таг, Баравни Тор, Ваҳдат, Вравз
|-
|Ҷовидон
|4201
|Бунай, Рав, Жовуд, Потов, Арнавад, Убго
|-
|Рованд
|5573
|Ширговад, Ғиҷоваст, Мудеҳарв, Вишхарвак, Старғ, Ғӯмас, Мурғутга, Рованд, Гармчашма, Ван-Ван, Сунгад, Поймазор
|-
|Техарв
|3401
|Гич, Садвадг, Сед, Шаврӯ, Техарв, Чихох, Удоб, Равгада
|-
|Язғулом
|6065
|Мотравн, Вишхарв, Будун, Шавуд, Андарбоғ, Жамаг
|}
Дар санадҳои расмии солҳои охир ҷамоати марказии ноҳия бо номи ''«деҳоти Маҳмадулло Абдуллоев»'' зикр мегардад.<ref name="ref4" />
Барои муқоиса, тибқи гузориши капитан Кузнецов, дар соли 1892 бекигарии Дарвоз (ки Ванҷ ҷузъи он буд) ба 11 амлокдорӣ тақсим мешуд:
''«Въ административномъ отношеніи Дарвозское бекство дѣлится на 11 амилякдарствъ: Чиль-Даринское, Тавиль-Даринское, Сагри-Даштское, Кала-и-Хумбское, Шикайское, Куфское, Хагонское, Май-Майское, Джумарчское, Ванчское, Вахія-болё и два особыхъ отдѣла–Язгулемскій и Тангъ-Шивскій.»''
Тарҷума: ''«Аз ҷиҳати маъмурӣ, бекигарии Дарвоз ба 11 амлокдорӣ тақсим мешавад: Чилдарин, Тавилдарин, Сағридашт, Қалъаи Хумб, Шикай, Куф, Ҳагон (Деҳхагон), Моймай, Ҷумарҷ, Ванҷ, Вахиёи Боло ва ду шӯъбаи алоҳида — Язғулом ва Тангшив»''.<ref name="ref113">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 68.</ref>
Аз ин тақсимот бармеояд, ки Ванҷ дар соли 1892 аллакай ҳамчун амлокдории алоҳида, ва Язғулом ҳамчун шӯъбаи ниммустақилу ба таври алоҳида идорашаванда фарқ карда мешуданд — падидае, ки то андозае бо бахшбандии имрӯзаи ноҳия, ки дар он Язғулом ҷамоати алоҳида аст, монандӣ дорад.
Тақрибан ҳаштод сол пас аз гузориши Кузнецов, забоншинос Д. И. Эделман, бар пояи маводи саҳроии худ ва пажӯҳиши А. З. Розенфелд, рӯйхати муфассали рустоҳои Ванҷро чунин овардааст:
''«Население Ванджа ныне говорит по-таджикски, хотя сравнительно недавно здесь еще бытовал ванджский язык, принадлежавший к памирской группе языков. Названия кишлаков по течению Пянджа: Даштак, Узбай, Лахш, Варавз, Лангарак, Бараун, Водхуд; по Ванджу: Бич-харвак, Рог, Лангар, Гишхун, Рохарв (официально Ванч), Гумаяк, Одешт, Бунай, Потоу, Жовид, Чихох, Сед, Техарв, Гуджовас, Ширговат, Доршир, Гумаст, Сетарг, Рованд, Мургытга, Сунгад, Ван-Ван, Поймазор.»''
Тарҷума: ''«Аҳолии Ванҷ имрӯз бо забони тоҷикӣ гуфтугӯ мекунад, ҳарчанд то ба ҳамин наздикӣ, дар ин ҷо, ҳанӯз, забони куҳнванҷӣ роиҷ буд, ки ба гурӯҳи забонҳои помирӣ тааллуқ дошт. Номҳои рустоҳо дар масири Панҷ: Даштак, Взбай, Лахш, Вароваз, Лангарак, Баравн, Водхуд; дар масири Ванҷ: Бичхарвак, Роғ, Лангар, Гишхун, Рохарв (расман Ванҷ), Ғумаяк, Одешт, Бунай, Потов, Жовид, Чхох, Сед, Техарв, Ғҷовас, Шрговад, Дуршер, Ғӯмас, Старғ, Рованд, Мурғтга, Смгад, Ван-Ван, Поймазор.»''.<ref name="ref114">Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. — М.: Наука (ГРВЛ), 1975. — С. 50.</ref>
== Хоҷагидорӣ ==
Соҳаҳои асосии хоҷагидории ноҳия ғаллакорӣ, чорводорӣ, боғдорӣ ва сабзавоткорист; дар замони шӯравӣ тамокукорӣ низ соҳаи асосӣ буд. Соли 1939 дар тамоми ВМКБ 123 колхоз мавҷуд буд, аз ҷумла дар Ванҷ 30 колхоз таъсис дода буданд.
Водии Водхуд аз қадим бо ҳосилхезии замин ва фаровонии тути худ ном баровардааст: захираи ғалла ва меваи хушки ин мавзеъ (тут, зардолу, себ) на танҳо сокинони маҳаллӣ, балки деҳоти камзамини ҳамсояро низ аз танқисӣ мераҳонд ва ибораи мардумии ''«тути Водхуд пухт, имсол ҳам ҷон ба саломат бурдем»'' аз ҳамин воқеият бармеояд.<ref name="ref2" />
Дар ноҳия 53 хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд аст. Майдони умумии заминҳои хоҷагӣ 14 417 гектар аст, аз ҷумла заминҳои корам – 1381 гектар (2012), чарогоҳҳо – 1219 гектар, боғҳо – 734 гектар. Тибқи омори соли 2012 дар ноҳияи Ванҷ 2478 тонна ғалла, 1924 тонна гӯшт, 1 млн дона тухм, 3742 тонна шир, 157 тонна чормағз, 6353 тонна сабзавот ва 11 295 тонна картошка ба даст омад. Бар асоси омори соли 2011, шумораи чорво дар хоҷагиҳо чунин буд: гов – 15 234 сар, гӯсфанду буз – 32 498 сар.
Дар давоми даҳсолаи охир сохтори хоҷагидории ноҳия ба таври куллӣ дигаргун шуд: ба ҷои 53 хоҷагии деҳқонии соли 2012, имрӯз 14 ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ 120 хоҷагии инфиродиро бо фарогирии 3217 саҳмдор муттаҳид месозад.<ref name="ref115">Ванҷ. Рушди соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Майдони умумии заминҳои корам ба 2601 гектар расидааст, ки аз он бештар аз 1080 гектарро боғҳои мевадиҳанда ташкил медиҳанд; танҳо дар бист соли охир 282 гектар замини нав аз худ карда шудааст.<ref name="ref116">[https://khovar.tj/2025/11/dar-no-iyai-van-so-ai-bo-parvar-rushd-meyobad/ Дар ноҳияи Ванҷ соҳаи боғпарварӣ рушд меёбад] // АМИТ «Ховар», 18 ноябри 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Тибқи таҳлилҳои муқоисавӣ, дар зарфи се даҳсолаи охир истеҳсоли ғалладонагиҳо тақрибан 6 баробар, картошка 8 баробар, сабзавот 16 баробар ва мева 42 баробар афзудааст.<ref name="ref117">Ванҷ. Ҷашни истиқлол мондагор хоҳад буд // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Танҳо то охири моҳи октябри соли 2025 аз боғоти ноҳия 2205 тонна меваи тару тозаву хушк ба бозорҳои хориҷӣ ва шаҳрҳои калони ҷумҳурӣ содирот гардид,<ref name="ref116" /> ва моҳи августи соли 2023 кишоварзони ноҳия дар ярмаркаи Боғи ''«Куруши Кабир»''-и Душанбе зиёда аз 13 тонна маҳсулоти тару тоза ба сокинони пойтахт пешниҳод карданд.<ref name="ref118">Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби кишоварзони ноҳияи Ванҷ // АМИТ «Ховар», августи 2023. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Аз соли 2009, вақте ки дар ноҳия аввалин ду гармхонаи намунавӣ ба кор дароварда шуданд,<ref name="ref119">Дар Ванҷ гармхонаҳо ба кор даромаданд // АМИТ «Ховар», августи 2009. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> технологияи гармхонагӣ дар қисматҳои поёнии ноҳия паҳн шудааст. Дар давраи охир, дар ҳамкорӣ бо мутахассисони минтақаи илмӣ-таҷрибавии ''«Ҷангали Зуго»''-и Институти биологии Помир, соҳибкор Ҳайдар Фаёзов аз деҳаи Гишхун дар ноҳия парвариши озмоишии лимӯ ва дигар меваҳои ситрусиро оғоз кард – навъе, ки то ҳол дар ВМКБ танҳо хоси баъзе минтақаҳои ноҳияи Дарвоз буд.<ref name="ref120">Ванҷ. Авлавият ба рушди лимӯпарварӣ // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Таърихи иқтисодиёт: аз мубодилаи молӣ то бозор (асри XIX) ===
Дар асри XIX иқтисодиёти Ванҷ, монанди тамоми Дарвоз, хусусияти патриархалӣ ва асосан мубодилавӣ (натуралӣ) дошт. Тибқи маълумоти И. Юхновский, ки соли 1894 дар рӯзномаи ''«Туркестанские Ведомости»'' ба нашр расидааст, дар водии Ванҷ пул, ченаку вазн қариб номаълум буда, тиҷорат асосан ба таври мубодилавӣ сурат мегирифт; танҳо мансабдорони бухороӣ чой менӯшиданд, аҳолии таҳҷоӣ бошад, ин нӯшокиро танҳо дар ҷашнҳои оилавӣ истифода мебурд.<ref name="ref2112" /> Ҳангоми муайян кардани арзиши маҳсулот, воҳиди ченаки ''«карбос»'' (порчаи дастбофти маҳаллӣ) барои матоъ ва ''«тӯппӣ»'' барои маҳсулоти донагӣ ба кор мерафт.<ref name="ref2112" /> Тибқи нархномаи ҳамон давра, як ишак (тахминан 4 пуд) ғалла аз 4 то 6 танга, як гӯсфанди калон 6-7 танга ва як гӯсфанди хурд 4 танга арзиш дошт; тангаи нуқрагини бухороӣ вазни 3,36 грамм дошт.<ref name="ref2112" /> Аз Ванҷ асосан оҳани дар конҳои болооби дарёи Ванҷ истихроҷшуда ва қисман ғалладона ба минтақаҳои ҳамсояи Дарвоз, тавассути Қалъаи Хумб, содир мегардид.<ref name="ref2112" />
Дар бекигариҳои шимолу шарқии Бухоро — Қаратегину Дарвоз, ки Ванҷ ба ҳайати онҳо дохил буд — тибқи арзёбии Юхновский (1894), тақрибан сад ҳазор нафар сокин зиндагӣ мекард, ки эҳтиёҷоташон хеле маҳдуд буд.<ref name="ref2112" /> Гарчанде ғаллакорию чорводорӣ шуғли асосии аҳолӣ буд, ҳаҷми истеҳсоли онҳо барои қонеъ кардани ҳатто эҳтиёҷоти хурдтарин кофӣ набуд; нони Дарвоз бештар аз бекигарии Кӯлобу дигар минтақаҳо ворид карда мешуд.<ref name="ref2112" /> Аз ин рӯ, аҳолӣ маҷбур мешуд, ки ба муҳоҷирати мавсимии меҳнатӣ ба Фарғона ва ҳатто [[Тошканд]] рӯй орад, зеро зироаткорӣ, ба сабаби норасоии замини корам, ҳатто барои эҳтиёҷоти нисбатан мӯътадил кофӣ набуд.<ref name="ref2112" /> Танҳо шумораи ками сокинон аз нони холиси гандум истифода мебурданд; орди гандумро бо орди лӯбиё меомехтанд ва дар водиҳои Ванҷ, Язғулому Панҷ ҳатто орд аз мурчи хушкидаи тут, пиёзи кӯҳӣ ва дигар решаҳои кӯҳӣ тайёр мекарданд.<ref name="ref2112" /> Чорводорӣ низ наметавонист рушд кунад, зеро кӯҳҳои Дарвоз нисфи сол ва бештар зери барф мемонданд ва аҳолӣ фақат барои миқдори ками чорво (ки дар он гӯсфанд бартарӣ дошт) захираи алаф ҷамъ карда метавонист; гӯшти шикор — шикорварзӣ яке аз шуғлҳои асосии дарвозиён буд — дар баробари гӯсфанд яке аз молҳои асосии мубодилавӣ маҳсуб мешуд.<ref name="ref2112" />
Қалъаҳои Ғарму Қалъаи Хумб, ки маркази маъмурии беки Қаратегину Дарвоз буданд, ягона бозорҳои мубодилаи маҳсулоти маҳаллӣ ба шумор мерафтанд.<ref name="ref2112" /> Аз Кӯлоб тоҷирон бо ду-се асп матои бязӣ ва дигар матоъҳои дағал барои ҷома меоварданд ва барои ҳар 12 арш бязӣ як пӯсти рӯбоҳ мегирифтанд.<ref name="ref2112" /> Маркази умумии тиҷоратии тамоми Қаратегину Дарвоз шаҳри Кӯлоб буд; агар қаратегиниён боз ба бозорҳои [[Ӯротеппа|Ӯротеппаву]] Қӯқанд мерафтанд, дарвозиён танҳо ба Кӯлоб рӯй меоварданд.<ref name="ref2112" /> Аз Кӯлоб инчунин ранги «бузгунч» — маҳсулоте, ки аз варами баргҳои дарахтони писта, ки нишебиҳои кӯҳҳои Кӯлобро мепӯшониданд, ба даст меомад — ворид карда мешуд.<ref name="ref2112" />
Юхновский тарзи бинокории маҳаллиро низ тасвир кардааст: пойдевори баланди сангин бо гил, деворҳои хишти хоми калону бетартибшакл ва боми чӯбине, ки бо ках ва шохча пӯшонида, аз рӯй бо гил андова карда мешуд; сохтмон одатан аз аввали баҳор то нимаи тирамоҳ (аз апрел то сентябр) идома меёфт, дар ҳоле ки санг ва гил ҳамеша дар дастрас буданд ва чӯб — аз дарахтони тут, бед ва сафедор — аз боғоти маҳаллӣ, арча бошад аз кӯҳҳо оварда мешуд.<ref name="ref2112" /> Тибқи нархномаи ҳамон давра, як бревна ба дарозии 2,5 арш ду танга, се даста хошок (ҳар кадом 2,5 арш) ду танга, як даста ках як танга ва як батмон (8 пуд) оҳак ду танга арзиш дошт; барои тайёр кардани ҳазор хишти хом дар як рӯз чор нафар коргар лозим буд ва музди рӯзонаи коргарони оддӣ тахминан як танга буд.<ref name="ref2112" /> Оҳани маҳаллӣ аз конҳои болооби дарёи Ванҷ истихроҷ мешуд; як пораи оҳан ба дарозии 2,5 арш ва диаметри ¾ арш арзиши 300 тангаро дошт.<ref name="ref2112" /> Дар шаҳраки Рохар танҳо як оҳангар ва ду наҷҷор фаъолият доштанд; музди рӯзонаи чунин устод бо шогирду асбобҳояш тахминан панҷ танга буд, ва абзорҳои маъруфи ин ҳунармандон арра, теша, чакуш, ранда ва табар буданд.<ref name="ref2112" /> Дар бораи нархи маводи хӯрока, равғани гов барои ҳар панҷ фунт як танга, мурғ даҳ тин, тухм 64 дона барои як танга ва алафи себарга аз 25 то 30 даста барои як танга арзиш дошт; намак, ки аз Кӯлоб ворид мешуд, гарон буд — барои як тӯппии намак чор тӯппии ғалла медоданд; биринҷ аз Қалъаи Хумб харидорӣ мешуд ва нархаш вобаста ба мавҷудияш аз чор то панҷ танга барои панҷ фунт таҳаввул мекард.<ref name="ref2112" /> Дар мавсими зимистон таъмини ем ва озуқа мушкил мегардид, аз ин рӯ захираи зимистона аз тирамоҳ омода карда мешуд.<ref name="ref2112" />
Тавре Юхновский таъкид мекунад, миқдори дақиқи содироти солонаи оҳанро муайян кардан ғайриимкон буд, зеро мақомоти маҳаллӣ дар бораи рақами он тасаввуроти дақиқ надоштанд.<ref name="ref2112" /> Чою дигар молҳои ҳиндӣ тавассути Шуғнону Рӯшон умуман ворид намешуданд; миқдори ками онҳо аз Бадахшон тавассути Куф ва Қалъаи Хумб, ва асосан тавассути Кӯлоб, ба даст меомад.<ref name="ref2112" />
=== Кишоварзии анъанавӣ: ангури Ванҷӣ ===
Яке аз навъҳои қадимаи ангури маҳаллӣ, ки то имрӯз парвариш карда мешавад, навъи ''«Ванҷӣ»'' аст. Тибқи Энсиклопедияи миллии тоҷик, ин навъи ангури миёнапаз баргҳои калони гирда, хӯшаҳои калони махрутшакли 350-400 грамма ва ғужбҳои калони байзашакли сафеди зардчаро доро буда, дар таркиби меваи пухтааш 20-21,5 фоиз қанд ҷамъ мешавад.<ref name="ref2182">Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 3. — Душанбе, 2014.</ref> Ангури Ванҷӣ нимаи моҳи май гул карда, мевааш нимаи августи ҳамон сол мепазад ва давраи нашъунамои он 135-145 рӯзро дар бар мегирад; ин навъ барои хӯрдан ва хушконидан мувофиқ буда, то 24 фоиз мавизи баландсифат медиҳад ва то моҳи январ нигоҳ дошта мешавад.<ref name="ref2182" /> Мутаассифона, токи ин навъи ангур ба сармо ва бемории гарда тобовар нест, ки ин омил боиси маҳдудияти парвариши он дар минтақаҳои хунуктар мегардад.<ref name="ref2182" />
=== Ҳунармандии анъанавӣ ===
Дар соҳаи ҳунармандӣ, мардуми Ванҷ таърихан ба истеҳсоли пойафзол (чоруқ, нимпоймонак) аз пӯсти дағалона коркардшуда ва либос аз матои ''«карбос»''-и худбоф машғул буданд, ки занон онро аз пашми дағал мебофтанд.<ref name="ref2112" /> Матоъ ва баъзе маҳсулоти дигар – аз ҷумла пӯсти рӯбоҳу гурба – ҳамчунин аз водиҳои ҳамсояи Шуғнону Рӯшон, тавассути пиёдагардон ва бо миқдори ками пинҳонӣ, ворид карда мешуданд, ки ин далели мавҷудияти шабакаи мубодилаи тиҷоратӣ дар байни аҳолии гуногуни Бадахшон аст.<ref name="ref2112" />
Мӯзаро (пойафзоли пошнадор) сокинони Ванҷ на дар маҳал, балки дар бозори Қалъаи Хумб мехариданд.<ref name="ref2112" /> Сабаби маҳдуд будани ин навъи воридот дар он буд, ки ҳокимияти Шуғнону Рӯшон содироти маҳсулоти маҳаллиро ба ҳама ҷо, ба ҷуз [[Кобул]], манъ карда буд.<ref name="ref2112" />
=== Чорводорӣ ва занбӯриасалпарварӣ ===
Дар муқоиса бо давраи пеш аз истиқлол, дар ноҳия саршумори чорвои калону майда дар маҷмуъ 2 баробар, истеҳсоли гӯшт 4 баробар ва истеҳсоли тухм 31 баробар афзудааст.<ref name="ref117" /> Тибқи омори соли 2023, саршумори чорвои калони шохдор ба 17 135 сар (нисбат ба 15 234 сар дар соли 2011) ва моли майда (гӯсфанду буз) ба 41 000 сар (нисбат ба 32 498 сар) расидааст; ҳамчунин дар хоҷагиҳои ноҳия 41 350 сари парранда ва 1082 оилаи занбӯри асал ба қайд гирифта шудааст.<ref name="ref117" /><ref name="ref115" /> Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди занбӯриасалпарвариро яке аз воситаҳои пасткунандаи камбизоатӣ ва таъминкунандаи шуғли деҳот муайян кардааст.
Сарватҳои зеризаминии ноҳия: пахтасанги кӯҳӣ (асбест), молибден, мармар ва ғайра; инчунин конҳои никел, оҳансанг ва оҳак мавҷуданд.
=== Муҳоҷирати меҳнатӣ ===
Мисли аксари минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон, иқтисодиёти хонаводаҳои Ванҷ ба таври назаррас аз муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳаволапулиҳо вобаста аст. Тибқи арзёбии [[Бонки Ҷаҳонӣ]] аз моҳи ноябри соли 2025, ҳаволапулиҳои муҳоҷирони меҳнатӣ беш аз 30 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд ва, гарчанде вобастагӣ ба ин маблағҳо сатҳи камбизоатиро коҳиш додааст, нобаробарии даромад (нишондиҳандаи Гини) аз 32 то 38 дар байни солҳои 2021 ва 2023 афзудааст; ВМКБ дар қатори минтақаҳое зикр шудааст, ки бо маҳдудиятҳои шадиди ҷуғрофиву иқлимӣ рӯбарӯянд.<ref name="ref121">[https://www.worldbank.org/en/country/tajikistan/publication/poverty-and-equity-assessment Tajikistan Poverty and Equity Assessment] (англ.) // Бонки Ҷаҳонӣ, 22 сентябри 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Пажӯҳиши умумимиллии соҳаи тандурустӣ доир ба муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон нишон додааст, ки дар байни панҷ минтақаи кишвар (Душанбе, ВМКБ, Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ), ҳиссаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар аҳолии ВМКБ (49,59 фоиз аз намунаи пажӯҳишӣ) назар ба дигар минтақаҳо (камтар аз 32 фоиз) хеле баландтар будааст.<ref name="ref122">[https://pmc.ncbi.nlm.nih.gov/articles/PMC11679146/ Inclusion of Labor Migrants as a Potential Key Population for HIV: A Nationwide Study from Tajikistan] (англ.) // PMC/NCBI. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар маҷмуи умумимиллӣ, беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон ҳарсола барои кор ба Русия мераванд; ҳаволапулиҳо дар соли 2013 қариб нисфи маҷмуи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медоданд, ки то соли 2018 ба тақрибан 30 фоиз (2,2 миллиард доллари ИМА) коҳиш ёфт.<ref name="ref123">[https://www.migrationpolicy.org/article/dependent-remittances-tajikistan-prospects-dim-economic-growth Dependent on Remittances, Tajikistan\\\'s Long-Term Prospects for Economic Growth and Poverty Reduction Remain Dim] (англ.) // Migration Policy Institute. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Саноат ===
Дар ноҳия корхонаҳои хурди саноатӣ – сехи чӯҷабарорӣ, заводи хишти ''«Лугад»'', ҶДММ ''«Хрустал»'' – фаъолият доранд. Дар Ванҷ бозорҳои марказӣ ва марзӣ низ амал мекунанд.
25 июни соли 2025 дар ноҳия корхонаи истеҳсоли калсит, коркарди мармар ва сангҳои ороишии ҶСК ''«Мармар Стоун»'' ба кор шурӯъ кард, ки иқтидори солонаи он 40 ҳазор тонна маҳсулот буда, 40 сокини маҳаллиро бо ҷои кори доимӣ таъмин намудааст. Корхона чор хатти истеҳсолӣ дорад ва дар он беш аз 20 навъи санги табиӣ коркард мешавад; иқтидори истеҳсоли тахтасангҳои ороишӣ (мозаика) 10 ҳазор м³ ва коркарди санги мармар 160 ҳазор м³ дар як солро ташкил медиҳад.<ref name="ref124">[https://asiaplustj.info/tj/node/350189 Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ аз Ванҷ оғоз шуд. Президент дар ин ноҳия кадом иншоотро ба истифода дод?] // Asia-Plus, 25 июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="ref125">Ифтитоҳи корхонаҳои истеҳсоли калсит, коркарди мармар ва сангҳои ороишии ҶСК «Мармар Стоун» дар ноҳияи Ванҷ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
Дар ҳамон рӯз Парки саноатии ноҳия мавриди истифода қарор гирифт, ки дар масоҳати 788 м² ҷойгир буда, 6 корхонаи хурди истеҳсолиро фаро мегирад: истеҳсоли макарон, бандубасти маҳсулоти лӯбиёгӣ, коркарди равғани чормағз, коркард ва бандубасти меваи хушк, истеҳсоли собун ва дару тирезаҳои пластикӣ. Фаъолияти парк дар маҷмуъ 36 сокини маҳаллиро бо кор таъмин мекунад.<ref name="ref124" /><ref name="ref126">Ифтитоҳи Парки саноатии ноҳияи Ванҷ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
Дар доираи ҳамин парк, инчунин корхонаи коркарди равғани ангат (Hippophae rhamnoides) – растании шифобахши худрӯй, ки дар қад-қади дарёҳои ноҳия фаровон мерӯяд – ба кор шурӯъ кардааст; иқтидори он то 500 килограмм равғани холис дар як сол буда, аз ин ашё то 12 навъи маҳсулоти фармасевтию косметологӣ омода карда мешавад.<ref name="ref127">Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ // Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ, июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Пеш аз таъсиси ин корхона, дар деҳаи Ғуҷоваст соҳибкорзан Васила Ғафурова коргоҳи хурди коркарди ангатро таъсис дода буд, ки маводи он берун аз ноҳия низ харидор пайдо кардааст.<ref name="ref124" /> Барои дастгирии соҳибкории хурду миёна дар солҳои 2018-2019 ба соҳибкорони ноҳия зиёда аз 6,5 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шудааст.<ref name="ref128">Сафарҳои дохилӣ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Энергетика ===
Дар Ванҷ чандин неругоҳи хурди барқи обӣ (НБО) фаъолият мекунад. Аз ҷумла, НБО-и ''«Техарв»'' дар дарёи Ванҷ бо иқтидори 400 кВт таҷдид гардида, ба шабакаи ягонаи барқи кишвар пайваст карда шудааст; НБО-и ''«Андарбак»'' дар водии Язғулом ба шабакаи ширкати ''«Помир Энерҷӣ»'' пайваст аст.<ref name="ref129">[http://www.cawater-info.net/best-practices/ru/base/marker/21 Реконструкция МГЭС Техарв на реке Ванч мощностью 400 кВт в Ванчском районе Горно-Бадахшанской автономной области] (рус.) // CAWater-Info. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Таҳлилҳои соли 2021 нишон дода буданд, ки шабакаҳои барқии ноҳия ҳамагӣ 2,6 мегаватт барқ истеҳсол мекунанд, дар ҳоле ки барои фаъолияти пуриқтидори корхонаҳои нави саноати кӯҳӣ (ба мисли ''«Мармар Стоун»'') беш аз 5,6 мегаватт лозим буд.<ref name="ref130">Имсол дар Ванҷ дар 15 гектар боғи нав бунёд карда шуд // АМИТ «Ховар», июли 2021. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Моҳи июни соли 2025 хатти интиқоли барқи дузанҷираи 35 ва 110-киловолтаи Хоруғ-Рӯшон бо дарозии 67,5 км ва зеристгоҳи ''«Ҷангал»'' ба маблағи умумии 114 миллион сомонӣ ба истифода дода шуд, ки интиқоли муназзами неруи барқро ба ноҳияҳои Рӯшон, Ванҷ ва Дарвоз ба маротиб беҳтар мегардонад; ҳамзамон сохтмони хатти 42-километраи интиқоли барқи 110-киловолта аз маркази ноҳияи Рӯшон то зеристгоҳи ''«Вознавд»'' оғоз ёфт, ки ба истифода додани он дар нимсолаи аввали соли 2026 пешбинӣ шудааст.<ref name="ref131">[https://khovar.tj/2025/06/suhanronii-prezidenti-um-urii-to-ikiston-peshvoi-millat-emomal-ra-mon-dar-mulo-ot-bo-ro-baron-va-faoloni-viloyati-muhtori-k-istoni-badahshon/ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон] // АМИТ «Ховар», июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
=== Нақлиёт ===
Нақлиёти ноҳия асосан автомобилист; як фурудгоҳи хурд ҳам дар шаҳраки Ванҷ (Рохарв) вуҷуд дорад. Қаламрави ғарбии ноҳия дар масири шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Мурғоб-Қулма қарор дорад; лоиҳаи таъмиру таҷдиди қитъаи ин шоҳроҳ аз Қалъаихумб то Ванҷ ва сарҳади ноҳияи Рӯшон арзиши умумии 2,5 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки то имрӯз корҳо ба маблағи 900 миллион сомонӣ анҷом ёфтаанд.<ref name="ref132">Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ванҷ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> 25 июни соли 2025 роҳи мошингарди маркази ноҳия то нуқтаи пайвастшавӣ ба ин шоҳроҳ, иборат аз ду хатти ҳаракат бо дарозии умумии 16 км, пас аз таҷдид ба истифода дода шуд; дар дарозои роҳ истгоҳҳои нақлиётӣ ва гузаргоҳҳо барои пиёдагардон бунёд гардидаанд.<ref name="ref124" /><ref name="ref133">Ифтитоҳи роҳи маркази ноҳияи Ванҷ то нуқтаи пайвастшавӣ ба шоҳроҳи Душанбе-Кулма // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
23 июни соли 2025 ширкати ҳавопаймоии ''«Тоҷик Эйр»'' пас аз ёздаҳ соли танаффус (парвози охирин соли 2014 сурат гирифта буд) хатсайри ҳавоии Душанбе-Ванҷ-Душанберо аз нав кушод: парвози нахустин бо 15 мусофир анҷом ёфт. Парвоз дар ин масир 50 дақиқа тӯл кашида, тибқи ҷадвал ҳафтае як маротиба, рӯзҳои ҷумъа, бо ҳавопаймои Ан-28 иҷро мешавад ва нархи чипта дар як самт 750 сомонӣ муайян гардидааст.<ref name="ref134">[https://asiaplustj.info/tj/node/350087 Оғози парвози ҳавопаймоӣ миёни Душанбе ва Ванҷ. Аввалин парвоз кай ва нархи чипта чанд аст?] // Asia-Plus, июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="ref135">[https://asiaplustj.info/tj/node/350121 Пас аз 11 сол. Аввалин парвози ҳавопаймо дар масири Душанбе-Ванҷ-Душанбе анҷом ёфт] // Asia-Plus, 23 июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар доираи татбиқи ''«Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»'' (қабулшуда 28 июни соли 2024), 24 феврали соли 2026 дар шафати роҳҳои мошингарди ноҳияи Ванҷ беш аз 2000 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва сояафкану мевадиҳанда шинонида шуд.<ref name="ref136">[https://khovar.tj/2026/02/daraht-binshon-dar-shafati-ro-oi-moshingardi-van-besh-az-2000-beh-ni-ol-shinonida-shud/ ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳҳои мошингарди Ванҷ беш аз 2000 бех ниҳол шинонида шуд] // АМИТ «Ховар», 24 феврали 2026. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Фарҳангу маориф ==
Пеш аз инқилоб аҳолии маҳаллии Ванҷ дар масҷидҳо ва хонаҳои муллоён хатту савод меомӯхтанд ва на ҳама ақшори мардум фурсат ва имкони саводомӯзӣ доштанд. Аз ин рӯ нисбати саводнокӣ дар миёни онҳо хеле паст буд ва ба сахтӣ метавонист ба 3-10 % бирасад. Саводомӯзии саросарии аҳолиро ҳукумати шӯравӣ ба роҳ монд.
Соли 1926 нахустин мактаб дар минтақа фаъолияти худро оғоз намуд: дар он танҳо 1 муаллим – Одил Боқиев (аз деҳаи Чихох) кор мекард ва 25 талаба дар он ҷо дарс меомӯхтанд. Соли 1930 шумораи муаллимон ба 7 нафар расид. Дар авохири даҳаи 30-юми асри XX тақрибан дар ҳамаи маҳалҳои сераҳолии деҳшӯроҳои Ванҷ мактабҳои ибтидоӣ таъсис ёфтанд, ки бештари бачагону наврасон дар онҳо таҳсил мекарданд.
Тобистони соли 1941 (дар арафаи [[Ҷанги Бузурги Ватанӣ]]) дастгоҳи кинонамоишдиҳӣ дар Ванҷ сохта, ба марҳалаи истифода расид. Соли 1941 дар вилоят 41 китобхона вуҷуд дошт, аз ҷумла китобхонаи ноҳиявӣ дар маркази Ванҷ ва 12 чойхонаи сурх. Дар аввали моҳи апрели соли 1930 дар яке аз деҳаҳои баландкӯҳи водии Ванҷ – Рованд нахустин маҷлиси ҷавонон баргузор шуд.
Дар соли таҳсилии 2011-2012 дар ноҳияи Ванҷ 50 мактаб, аз ҷумла 23 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 4 мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, 13 мактаби ибтидоӣ, мактаб-интернат ва муассисаи томактабӣ вуҷуд дошт. Дар ҳамин сол дар мактабҳои ноҳия 7437 талаба таҳсил мекард, ки ба онҳо 928 муаллими соҳибмаълумоти олӣ дарс медоданд.
25 июни соли 2025 дар деҳаҳои Мотравн, Будун, Вишхарв, Жамаг, Бунай, Техарв ва Ғиҷовасти ноҳия 7 кӯдакистони нав ифтитоҳ гардид: чор кӯдакистон аз ҳисоби буҷети маҳаллии вилоят ва се кӯдакистони дигар аз ҳисоби сокинони деҳаҳо тариқи ҳашар сохта шудаанд. Ин муассисаҳо аз 20 синфхона иборат буда, барои 380 тарбиятгиранда пешбинӣ шудаанд ва дар онҳо 34 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.<ref name="ref124" /><ref name="ref137">[https://khovar.tj/2025/06/peshvoi-millat-emomal-ra-mon-dar-no-iyai-van-ba-tavri-ma-oz-7-muassisai-talimii-tomaktabiro-iftito-namudand/ Ифтитоҳи 7 кӯдакистон дар ноҳияи Ванҷ] // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref>
Дар Ванҷ 45 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 1 театр, 13 клуб, 2 автоклуб, 5 хонаи фарҳанг, 25 китобхона бо фонди 114 960 нусха китоб фаъолият мекунад. Рӯзномаи ноҳиявӣ бо номи ''«Ватан»'' нашр мешавад: тибқи маълумоти Энсиклопедияи миллии тоҷик, ин нашрия соли 1937 ҳамчун органи Кумитаи Ҳизби коммунистӣ ва кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи ноҳия бо номи ''«Ҳақиқати Ванҷ»'' ба нашр расида, нахустин сардабираш Пирумшо Роҳатов буд; аз соли 1963 он бо номи ''«Ватан»'' моҳе як бор нашр мешавад ва адади нашраш дар соли 2014 ба 1200 нусха расидааст.<ref name="ref2182" /> Рӯзнома дар тӯли даҳсолаҳо нақши муҳимро дар инъикоси ҳаёти фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии Ванҷ бозидааст.
Ванҷ ҳамчунин дорои мероси ғании эҷодиёти шифоҳии мардумӣ – афсонаҳо, қиссаҳо, зарбулмасалҳо ва чистонҳо – мебошад, ки аз насл ба насл интиқол ёфта, ҷаҳонбинӣ ва арзишҳои ахлоқии сокинони минтақаро инъикос мекунанд; намунаҳои қадимтарини сабтшудаи чунин фолклор ба маҷмуаи Семёнов (1903) тааллуқ доранд (ниг. боло, бахши ''«Осори таърихӣ»''). Бо вуҷуди ин, қисми зиёди ин мероси шифоҳӣ то ҳол ба таври пурра ҷамъоварӣ ва илман таҳқиқ нашудааст.
== Тиб ==
Аввалин иттилои тиббии сабтшуда дар бораи Ванҷ ба гузориши капитан Кузнецов (соли 1892) рост меояд, ки паҳншавии бемории зоб (гулбандварамӣ)-ро дар байни дигар бемориҳои маъмули Дарвоз махсус қайд кардааст:
''«Изъ другихъ болѣзней особенно развитыхъ въ Дарвозѣ, слѣдуетъ отмѣтить зобъ, главнымъ образомъ по рѣкѣ Ванчъ.»''
Тарҷума: ''«Аз дигар бемориҳое, ки дар Дарвоз хеле паҳн шудаанд, бояд зобро қайд кард, ки асосан дар канори дарёи Ванҷ вомехӯрад»''.<ref name="ref138">Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). — Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893. — С. 51.</ref>
Соли 1939 дар Ванҷ маркази тиббӣ ва бемористоне барои 10 кат сохта шуда буд. Ин иттифоқ дар канори душвориҳои азиме ба вуҷуд омад: то оғози асри XX дар водӣ тибби илмӣ вуҷуд надошт ва сокинон танҳо ба гиёҳдармонӣ ва дуохонӣ такя мекарданд, ки боиси сатҳи баланди фавти модарону кӯдакон мегардид.<ref name="ref49" /> Тибқи як таҳқиқи диссертатсионӣ, гузариш ба тибби муосир бо муқовимати шадид ҳамроҳ буд: соли 1929 табиби рус Спажев, ки барои расонидани кумаки аввалияи тиббӣ ба Ванҷ фиристода шуда буд, аз ҷониби дастаҳои босмачӣ ба қатл расонида шуд – ҳодисае, ки соли 1931 бо қатли табиб Олхов дар ноҳияи ҳамҷавори Қалъаихумб такрор ёфт.<ref name="ref139">Диссертатсия // Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ.</ref> Муҳоҷирати маҷбурии соли 1954-и сокинони водии Язғулом ба водии гарми Вахш низ оқибатҳои вазнини беҳдоштӣ – бемории оммавӣ ва фавти зиёди кӯдакон – ба бор овард, ки яке аз сабабҳои бозгашти тадриҷии як қисми муҳоҷирон ба зодгоҳашон гардид.<ref name="ref49" />
Ҳоло дар ноҳия як беморхонаи марказӣ (дар шаҳраки Рохарв, дорои 6 шуъбаи бистарикунонӣ), як беморхонаи минтақавӣ дар водии Язғулом, 22 бунгоҳи тиббӣ, маркази назорати беҳдоштӣ (санитарию эпидемиологӣ) ва 4 дорухона фаъолият доранд. Тибқи маълумоти соли 2023, ба ин шабака 57 310 нафар бемор муроҷиат кардааст – ба ҳисоби миёна беш аз 1,6 маротиба барои ҳар сокини ноҳия дар як сол.<ref name="ref140">Ванҷ. Роҳандозии тадбирҳо дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ // Ҷумҳурият. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар сохтори марказии шабака 47 духтури дорои маълумоти олӣ ва 193 корманди миёнаи тиббӣ кор мекунанд; рақами 369 нафар пизишки дорои маълумоти олӣ, ки дар маъхазҳои умумӣ оид ба ноҳия зикр мешавад, эҳтимол тамоми мутахассисони тиббии ҳудуди ноҳияро – аз ҷумла дорухонаҳо, СЭС ва муассисаҳои хусусиро – дар бар мегирад.<ref name="ref140" />
Дар водии дурдасти Язғулом, ки пеш аз истиқлол мардум маҷбур буданд беморони вазнинро тавассути чорвои борбар ба масофаҳои дур интиқол диҳанд, имрӯз як дармонгоҳи минтақавӣ, ду маркази саломатӣ, се бунгоҳи тиббӣ дар деҳаҳои дурдаст ва як таваллудхонаи махсусгардонидашуда фаъолият доранд.<ref name="ref140" /> Дар деҳаи Гармчашмаи ҷамоати Рованд, наздики лозури Ванҷях, як маркази саломатии муосир бо ҳамкории Вазорати тандурустӣ ва Хадамоти ҳифзи сиҳатии [[Бунёди Оғохон]] (Aga Khan Health Services) сохта шудааст.<ref name="ref141">Ифтитоҳи маркази саломатӣ дар ноҳияи Ванҷ // АМИТ «Ховар», сентябри 2015. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Дар доираи барномаи миллии рушди инфрасохтори тиббӣ, соли 2025 сохтмони бинои нави Беморхонаи марказӣ барои 120 кат бо арзиши 114 миллион сомонӣ оғоз гардид.<ref name="ref142">Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Ванҷ // Президенти Тоҷикистон, 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Барои ҳалли норасоии кадрҳо, тайи давраи соҳибистиқлолӣ 142 нафар хатмкунандаи ноҳияи Ванҷ дар муассисаҳои олии тиббии ҷумҳурӣ (пеш аз ҳама Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино) таҳсил кардаанд, ки аз ин шумора 40 нафар тавассути квотаи президентӣ буда, соли 2025 боз 22 нафари дигар ба ҳамин квота фаро гирифта шуданд.<ref name="ref142" /> Барномаи ''«Корвони саломатӣ»''-и Вазорати тандурустӣ низ борҳо ба Ванҷ ташриф оварда, ба табибони маҳаллӣ таҷрибаандӯзӣ фароҳам овардааст.<ref name="ref143">«Корвони саломатӣ». Сокинони ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ бо хизматрасонии ройгони тиббӣ фаро гирифта шуданд // АМИТ «Ховар», майи 2022. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Бо сабаби баландкӯҳ будани минтақа, Ванҷ таърихан ба минтақаҳои паҳншавии бемории ҷоғвар (норасоии йод) мансуб буд; тибқи маълумоти таҳлилӣ, дар натиҷаи стратегияи миллии йодизатсияи намак сатҳи паҳншавии ин беморӣ дар давраи солҳои 2019-2023 то 72 фоиз коҳиш ёфтааст.<ref name="ref144">Авҷи Зуҳал, № 2, 2025.</ref> Бо назардошти сатҳи баланди муҳоҷирати меҳнатии сокинони ноҳия, маркази маҳаллии мубориза бар зидди ВНМО (ВИЧ) корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни ҷавонон пайваста мегузаронад.<ref name="ref140" /> Дар давраи пандемияи [[COVID-19]] Беморхонаи марказии Ванҷ шуъбаи бемориҳои сироятиро ба реҷаи фавқулодда гузаронид, ва моҳи июни соли 2020 тибқи барномаи дастгирии [[Иттиҳоди Аврупо]] ба ин муассиса таҷҳизоти муҳофизати инфиродӣ (PPE) расонида шуд.<ref name="ref145">EU timeframe for PPE distribution // Хадамоти амали берунии Иттиҳоди Аврупо (EEAS), июни 2020. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Беморхонаи марказӣ соли 2014 пурра ба низоми гармкунии барқӣ (аз ҳисоби неругоҳҳои хурди барқи обӣ) гузашт, ҳарчанд барои ҳолатҳои фавқулодда ҳарсола захираи эҳтиётии сӯзишворӣ нигоҳ дошта мешавад.<ref name="ref146">Беморхонаи Ванҷ ба низоми гармкунии барқӣ гузашт // АМИТ «Ховар», январи 2014. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Тибқи санҷиши Агентии амнияти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳо (июли 2024), Беморхонаи марказии Ванҷ талаботи қонунгузории бехатарии радиатсиониро пурра риоя намуда, дараҷаи хатари фаъолияти он ''«паст»'' арзёбӣ шудааст.<ref name="ref147">[https://cbrn.tj/ Феҳристи Агентии амнияти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ (cbrn.tj)]. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Варзиш ==
Ванҷ аз даврони қадим бо гуштигирони номвари худ шуҳратёр буд. Номи паҳлавонони ванҷӣ – Амонат, Сулаймон, Дилдор, Хушдил, Худоӣ, Ҳиммат, Ш. Дилов, Алифбек ва дигарон то кунун ба некӣ ёд мешавад ва қиссаҳои майдондориашон ҳанӯз вирди забони хосу ом аст. Соли 2024 гӯштини миллии тоҷикӣ ([[гӯштингирӣ]]) дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта шуда, мақоми расман байналмилалӣ касб кард; шумораи мусобиқаҳои ин намуди варзиш дар саросари ҷумҳурӣ аз 485 адад дар соли 2020 то тақрибан 4000 адад дар соли 2022 афзудааст.<ref name="ref148">[https://mfa.tj/tg/brussels/view/12033/gushtini-tojiki-maqomi-bainalmilali-girift Гӯштини тоҷикӣ мақоми байналмилалӣ гирифт] // Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Паҳлавони ванҷӣ [[Шакармамад Мирмамадов]], ки дар якчанд намуди варзиш (ҷудо, кураш, гӯштингирӣ) рақобат мекунад, яке аз муваффақтарин варзишгарони вазни сангини Тоҷикистон дар даҳсолаи охир аст: соҳиби медали биринҷии Бозиҳои XVIII осиёии соли 2018 дар Ҷакарта (ҷудо, +100 кг),<ref name="ref149">Бозиҳои XVIII осиёӣ: Шакармамад ҳам соҳиби медали биринҷӣ гардид // Радиои Озодӣ. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> медали тиллои Чемпионати 13-уми Осиё оид ба кураш дар Теҳрон (июни 2024)<ref name="ref150">Шакармамад Мирмамадов қаҳрамони Осиё оид ба кураш // Варзиш ТВ. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> ва медали тиллои Нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ дар Душанбе (28-31 августи 2024, бо иштироки беш аз 200 варзишгар аз 63 давлат) гардид.<ref name="ref151">Варзишгари тоҷик Шакармамад Мирмамадов дар нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ медали тилло ба даст овард // АМИТ «Ховар», августи 2024. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар мусобиқаҳои Наврӯзии байналмилалӣ дар Хоруғ (марти 2025) ва Рашт (апрели 2026) низ ғолиб омада, ҳарду бор соҳиби автомобил гардид.<ref name="ref1" /><ref name="ref152">[https://khovar.tj/2026/04/mu-ammadin-shodmon-far-od-va-shakarmamad-so-ibi-sho-oiza-oi-musobi-ai-g-shtini-millii-no-iyai-rasht-shudand/ Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд] // АМИТ «Ховар», 15 апрели 2026. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
25 марти соли 2020 дар ҷамоати деҳоти Язғулом бахшида ба Наврӯз мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ баргузор гардид, ки дар он беш аз 300 нафар паҳлавон на танҳо аз Ванҷ, балки аз Душанбе, [[Бохтар]], Кӯлобу Хоруғ ва ноҳияҳои Дарвозу Рӯшон иштирок карданд.<ref name="ref1" />
Дар ноҳия беш аз 40 иншооти варзишӣ мавҷуд аст. 25 июни соли 2025 дар деҳаи Убари Даргов толори варзишӣ бо масоҳати умумии 615 м², иборат аз толори асосӣ, толори тенниси рӯи миз ва ҳуҷраҳои ёрирасон, ба истифода дода шуд.<ref name="ref124" /><ref name="ref153">Ифтитоҳи толори варзишӣ дар деҳаи Убари Даргови ноҳияи Ванҷ // Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 июни 2025.</ref> Ҳамчунин, 15 ноябри соли 2025, дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар деҳаи Андарбоғи ҷамоати Язғулом толори варзишии замонавӣ, ки бо маблағи 480 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст, ба истифода дода шуд.<ref name="ref14" /> Пеш аз ин, 11 сентябри соли 2018 бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамин ҷамоати Язғулом низ як толори варзишӣ ба истифода дода шуда буд.<ref name="ref15" />
Ба ғайр аз гӯштин, дар солҳои охир [[волейбол]] низ дар ноҳия рушд кардааст: дар мусобиқаи маҳаллӣ 7 дастаи волейболи ҷавонон иштирок доранд, ва дастаи ноҳияи Ванҷ дар Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявии волейбол дар ноҳияи Восеъ дар қатори дастаҳои пуриқтидоре чун ''«Регар ТадАЗ»'' ва дастаи шаҳри Душанбе иштирок карда, рақобати арзанда нишон додааст.<ref name="ref154">[https://khovar.tj/2025/06/regar-tadaz-dar-musobi-a-oid-ba-volejbol-dar-no-iyai-vose-sazovori-sho-oiza-gardid/ «Регар ТадАЗ» дар мусобиқа оид ба волейбол дар ноҳияи Восеъ сазовори Шоҳҷоиза гардид] // АМИТ «Ховар», июни 2025. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Дар Бозиҳои осиёии соли 2018, ки [[самбо]] бори аввал ба барномаи он дохил шуда буд, Тоҷикистонро дар қатори дигарон ду варзишгари ҷавон – Ҷомии Ҳасанӣ ва Сомон Сангов – намояндагӣ карданд.<ref name="ref149" />
== Шахсиятҳои маъруф ==
[[Мулло Муҳаммадёри Ванҷӣ]] (машҳур ба Мулло Ёр) – шоири маъруфи мардумии тоҷик, зодаи деҳаи Ғумаяки водии Ванҷ; мероси ӯ то имрӯз дар байни мардуми кӯҳистони тоҷик маҳбубият дорад.<ref name="ref2" />
=== Илмҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ ===
Раҳим Масов (16 ноябри 1939, деҳаи Мудеҳарви ноҳияи Ванҷ – 21 июни 2018, Душанбе) – таърихшиноси барҷастаи тоҷик, доктори илмҳои таърих, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон; солҳои 1988–2015 директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш.<ref name="ref155">[https://khovar.tj/rus/2022/11/akademik-rahim-masov-zhizn-posvyashhennaya-otstaivaniyu-natsionalnyh-interesov-tadzhikistana-segodnya-velikomu-uchenomu-ispolnilos-by-83-goda/ Академик Рахим Масов: жизнь, посвящённая отстаиванию национальных интересов Таджикистана] (рус.) // НИАТ «Ховар», 16 ноябри 2022. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref><ref name="ref156">[https://asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/society/20180621/segodnya-v-dushanbe-skonchalsya-akademik-rahim-masov Сегодня в Душанбе скончался академик Рахим Масов] (рус.) // Азия-Плюс, 21 июни 2018. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Ҳайдаршо Пирумшоев (таваллуд 30 декабри 1944, ноҳияи Ванҷ) – таърихшинос, доктори илмҳои таърих, профессор; муаллифи асарҳои ''«Ванҷ»'' (М., 2004), ''«Ванҷи ману ганҷи ман»'' (Душанбе, 2013) ва таҳқиқоти сершумор оид ба таърихи Бадахшону Помир.<ref name="ref157">[https://asiaplustj.info/tj/node/356410 Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо... 30 декабри соли 2025] // Asia-Plus. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
[[Комил Бекзода]] (Беков Комилҷон; таваллуд 9 январи 1945, деҳаи Узбайи ноҳияи Ванҷ) – файласуфи тоҷик, доктори илмҳои фалсафа.<ref name="ref158">[https://www.ozodi.org/a/600091.html Комил Бекзода Наврузро ҷашни орзуҳо медонад - Радиои Озодӣ]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Хатмкардаи шуъбаи забони арабии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1967), беш аз ҳафт сол дар Миср ва Яман ба ҳайси тарҷумон кору фаъолият намуд.<ref name="ref159">[https://kmt.tj/komil-bekzoda-fajlasufe-bo-andeshai-milly/ Комил Бекзода – файласуфе бо андешаи миллӣ - Китобхонаи миллии Тоҷикистон]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Соли 1988 рисолаи номзадӣ дар мавзӯи «Муҳаммади Шаҳристонӣ – муаррихи дин ва фалсафа» ва соли 2019 рисолаи доктории худро таҳти унвони «Нақши шуубия дар таърихи худшиносии халқи тоҷик» ҳимоя намуд.<ref name="ref159" />
Авсамад (Абдусамад) Ҳайдаров (таваллуд 1 октябри 1961, деҳаи Бунайи ноҳияи Ванҷ) – забоншинос ва педагог, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент.<ref name="ref160">[[Авсамад Ҳайдаров|Авсамад Ҳайдаров — Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Хатмкардаи факултети шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1986), солҳои 1986–1988 дар ҳайати қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон хидмат кард.<ref name="ref160" /> Соли 2012 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи ислоҳоти маорифи Аҳмади Дониш дифоъ намуд ва соли 2019 китоби ''«Фарҳанги тафсирии мухтасари луғоти шеваи ҷанубу шарқии забони тоҷикӣ»''-ро таълиф кард, ки дар он, аз ҷумла, этимологияи вожаи «Ванҷ» таҳлил шудааст.<ref name="ref10" /><ref name="ref160" />
{| class="wikitable"
!'''Ҷадвали 6. Намояндагони барҷастаи илмҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ аз ноҳияи Ванҷ'''
|-
|'''Ному насаб'''
|'''Соҳаи фаъолият'''
|'''Асарҳо ва дастовардҳои калидӣ'''
|'''Унвони илмӣ / Мақом'''
|-
|Раҳим Масов
|Таърихнигорӣ
|Таҳқиқи тақсимоти ҳудудии миллӣ дар Осиёи Миёна
|Академик, директори Институти таърих (1988–2015)
|-
|Ҳайдаршо Пирумшоев
|Таърихнигорӣ
|''«Ванҷ»'' (2004), ''«Ванҷи ману ганҷи ман»'' (2013)
|Доктори илмҳои таърих, профессор
|-
|Авсамад Ҳайдаров
|Педагогика, забоншиносӣ
|Таҳқиқи афкори Аҳмади Дониш, ''«Фарҳанги тафсирии мухтасари луғот...»''
|Номзади илмҳои педагогӣ, дотсент
|}
=== Илмҳои табиатшиносӣ ===
Кабут Вазиров (15 ноябри 1938 – 13 июли 2019) – муҳандис-геолог, номзади илмҳои геология ва минералогия (1975), профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои муҳандисии Тоҷикистон (2003).<ref name="ref161">[[Кабут Вазиров|Кабут Вазиров — Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Зодаи ноҳияи Ванҷ, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1961), муаллифи зиёда аз 400 мақолаи илмию методӣ, 4 китоби дарсӣ ва 3 монография оид ба сарватҳои зеризаминии Тоҷикистон.<ref name="ref161" /> Пас аз даргузашти ӯ хонаводааш 638 нусха китоб аз китобхонаи шахсиаш ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон тақдим намуданд.<ref name="ref162">[http://old.kmt.tj/beshtar-az-600-kitobi-kabut-vazirov-ba-kitobhonai-milli-takdim-shud Бештар аз 600 китоби Кабут Вазиров ба Китобхонаи миллӣ тақдим шуд]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
Саид Савлатов (таваллуд 17 майи 1940, деҳаи Чихохи ноҳияи Ванҷ) – биолог, дотсент, номзади илмҳои биологӣ (1972).<ref name="ref163">[[Саид Савлатов|Саид Савлатов — Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Таҳқиқоти ӯ ба масъалаҳои растанипарварӣ, ҳашаротшиносӣ ва меросгузории аломатҳо дар наслҳои гибридии пахта бахшида шудаанд; солҳои 1984–1989 мудири кафедраи зоологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ буд ва бо нишони «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (1984) сарфароз гардидааст.<ref name="ref163" />
=== Адабиёт ва рӯзноманигорӣ ===
Дар марҳилаи адабиёти шӯравӣ ва пасошӯравӣ, Басир Расо (13 июли 1931 – 11 июли 2010), зодаи деҳаи Водхуд, ба яке аз чеҳраҳои шинохтаи адабиёти танзу ҳаҷви тоҷик табдил ёфт; дар кӯдакӣ тарбиятгирандаи хонаи бачагон буд ва дар ансамбли этнографии бачагонаи Помир иштирок мекард, ва фаъолияти меҳнатии худро солҳои 1948–1949 ба ҳайси пионервожатӣ оғоз намуд.<ref name="ref19" /><ref name="ref164">[https://navisandagan.tj/tj/%D1%80%D0%B0%D1%81%D0%BE-%D0%B1%D0%B0%D1%81%D0%B8%D1%80/ РАСО БАСИР - ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref><ref name="ref165">[[Басир Расо|Басир Расо — Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Пас аз хатми факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1956), фаъолияти рӯзноманигории худро дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» ва маҷаллаи «Хорпуштак» оғоз намуд ва аз соли 1964 то охири умраш – беш аз чиҳил сол – сармуҳаррири маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» боқӣ монд.<ref name="ref166">[https://www.ozodi.org/a/2097189.html Даргузашти сардабири "Хорпуштак" - Радиои Озодӣ]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref><ref name="ref164" /> Маҷмӯаҳои ашъори ӯ, аз қабили ''«Дар боргоҳи нур»'', ''«Нидои дӯст»'' ва ''«Баҳори орзӯ»'', ба жанри ғазал ва шеъри лирикӣ низ тааллуқ доранд; ӯ дорои унвони «Ходими шоистаи маданияти Тоҷикистон» буд.<ref name="ref165" />
Дар соҳаи журналистикаи муосир ва таҳлилӣ, рӯзноманигори собиқадор Аслам Додихудоев (1946–2023) нақши босазо дошт ва дар инкишофи матбуоти даврӣ ва мактаби журналистикаи таҳлилии кишвар саҳм гузоштааст.<ref name="ref167">[[:ru:Додихудоев|Додихудоев - Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Тибқи феҳристи категорияи «Зодагони ноҳияи Ванҷ»-и Википедияи тоҷикӣ, дигар аҳли қалам ва рӯзноманигорони зодаи ин ноҳия – аз ҷумла Хилватшоҳи Маҳмуд, Бурҳон Раҳмон, Наврӯз Гулзода ва Насрин Идибеков – низ дар ғанигардонии фазои адабӣ ва иттилоотии кишвар саҳм доранд.<ref name="ref168">[[:Гурӯҳ:Зодагони ноҳияи Ванҷ|Гурӯҳ:Зодагони ноҳияи Ванҷ — Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
=== Санъати тасвирӣ ва мусиқӣ ===
Анваршо Сайфиддинов, Арбоби ҳунар ва Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон, аз соли 1984 узви Иттифоқи рассомони собиқ ИҶШС буда, дар доираҳои ҳунарӣ ба унвони ғайрирасмии «Шоҳи рангҳо» маъруф аст.<ref name="ref169">[https://farah-info.com/habari-ruz/nigohi-purasrori-anvarsho-sajfiddinov-ba-gety/ Нигоҳи пурасрори Анваршо Сайфиддинов ба гетӣ - Асосӣ - Фараҳ]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Осори ӯ – аз наққошӣ то санъати монументалӣ – рамзҳои фарҳанги бостонии тоҷиконро бо услубҳои муосир омезиш медиҳад; намунаҳои эҷодиёташ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва коллексияҳои Русия, Аврупо ва Осиё маҳфузанд, ва ӯ ҳамчун омӯзгор дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов фаъолият дорад.<ref name="ref169" /> Дар соҳаи санъати амалӣ, устод Маҳмадкарим Рақибов, омӯзгори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва нақшҳои миллӣ фаъолият мебарад.<ref name="ref170">[https://ddstdt.tj/10524-2/ МУСАВВИР - Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Дар соҳаи санъати овозхонӣ, Нуқраи Суннатниё низ ҳамчун яке аз хонандагони шинохтаи зодаи ноҳия ном бурда мешавад.<ref name="ref168" />
=== Идоракунии давлатӣ ва сиёсат ===
Қодири Қосим (таваллуд 9 апрели 1961, ноҳияи Ванҷ) – ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон.<ref name="ref171">Председатель Федерации независимых профсоюзов Таджикистана Кодири Косим выдвинут кандидатом в депутаты Маджлиси намояндагон (рус.) // НИАТ «Ховар», январи 2020. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Маҳмадулло Абдуллоев роҳбарии ноҳияи Ванҷро зиёда аз 20 сол (тахминан солҳои 1980-ум) ба ҳайси котиби якум бар ӯҳда дошт; таҳти роҳбарии ӯ соли 1984 нахустин корхонаи истеҳсоли санги мармар дар Бадахшон ба кор даромад ва боғдории минтақа (аз ҷумла парвариши чормағз дар мавзеи «Ҷангали Зуго» ва навъҳои гуногуни тут) рушд ёфт.<ref name="ref172">[[Деҳоти Маҳмадулло Абдуллоев|Деҳоти Маҳмадулло Абдуллоев — Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Ба ифтихори ин хидматҳо, ҷамоати марказии ноҳия (собиқ ҷамоати Ванҷ) расман ба номи Маҳмадулло Абдуллоев номгузорӣ шудааст.<ref name="ref173">[[:ru:Махмадулло_Абдуллоев_(джамоат)|Махмадулло Абдуллоев (джамоат) - Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
Ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992–1997 ба ҷомеаи зиёии Ванҷ низ талафоти вазнин овард: тибқи феҳристи қурбониён ва бедарак гумшудагони даврони ҷанг, ашхосе чун Қурбонназар Халифаев (соли таваллуд 1967, муаллим), Қурбон Абдуллоев (соли таваллуд 1938) ва Муҳаммадӣ Назарихудоев (соли таваллуд 1955, мудири шуъбаи комиҷроияи ноҳияи Ҷилликӯл) дар байни бедарак гумшудагону кушташудагони ин давра ёд мешаванд.<ref name="ref174">[https://www.ozodi.org/a/31911429.html Рӯйхат. Номи гуруҳе аз қурбониён ва гумшудаҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
{| class="wikitable"
!'''Ҷадвали 8. Намояндагони идоракунии давлатӣ ва ниҳодҳои ҷамъиятӣ аз ноҳияи Ванҷ'''
|-
|'''Ному насаб'''
|'''Давраи фаъолият'''
|'''Вазифа ва саҳми асосӣ'''
|-
|Маҳмадулло Абдуллоев
|Солҳои 1980-ум
|Роҳбари ноҳия (>20 сол), бунёди корхонаи мармар (1984), рушди боғдории саноатӣ
|-
|Қодири Қосим
|Давраи муосир
|Ходими давлатӣ, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил
|}
=== Варзиш ===
Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ [[Мурувватшо Бачабеков]] (1 майи 1944 – 9 сентябри 2023, деҳаи Баравни ҷамоати Водхуд) – бунёдгузори мактаби муосири гӯштини Ванҷ; солҳои 1972–1994 устоди кафедраи тарбияи ҷисмонии Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) буд.<ref name="ref175">[https://www.bomdod.com/2023/09/12/ustodi-pahlavononi-vanj-muruvvatsho-bachabekov-az-dunyo-raft/ Устоди паҳлавонони Ванҷ Мурувватшо Бачабеков аз дунё рафт] // Бомдод, 12 сентябри 2023. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref> Маҳмадшариф Сулаймонов (зодаи деҳаи Рованд) – устоди дигари варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ дар гӯштини миллӣ, ки зиёда аз панҷоҳ сол дар майдони паҳлавонӣ фаъолият дорад.<ref name="ref176">Суфраи паҳлавонӣ // Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
Носир Хусравов (1958 – 9 январи 2024), хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, мураббии варзидаи гӯштини миллӣ ва самбо буд; ҳамчун мудири мактаби варзишии ноҳияи Ванҷ ва сармураббии дастаи мунтахаби самбои ВМКБ даҳҳо варзишгари сатҳи байналмилалиро тарбия кардааст.<ref name="ref177">[https://www.ozodi.org/a/32767418.html Падари ҷаҳонпаҳлавон Хушқадам Хусравов даргузашт - Радиои Озодӣ]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
Хушқадам Хусравов (таваллуд 1 январи 1993, деҳаи Рохарв), писар ва шогирди Носир Хусравов, дар вазни 62 кг оид ба самбо рақобат мекунад.<ref name="ref178">[[:en:Khushqadam_Khusravov|Khushqadam Khusravov - Wikipedia]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref> Соли 2013 ӯ қаҳрамони ҷаҳон байни ҷавонон гардид, соли 2014 дар Тошканд қаҳрамони Осиё шуд ва соли 2018 дар Бухарести Руминия унвони қаҳрамони ҷаҳон оид ба самборо ба даст овард.<ref name="ref179">[https://khovar.tj/2015/03/medali-tilloi-hush-1179-adam-husravov-dar-1206-omi-1207-a-1203-onii-sambo/ Медали тиллои Хушқадам Хусравов дар Ҷоми ҷаҳонии самбо | АМИТ "Ховар"]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref><ref name="ref180">[[Хушқадам Хусравов|Хушқадам Хусравов — Википедия]]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
Дастоварди олимпии таърихиро Сомон Маҳмадбеков (таваллуд 24 марти 1999, Иркутск, Русия) ба даст овард; вай дар хонаводаи тоҷикони муҳоҷир, зодагони ноҳияи Ванҷ (Моёншоҳ Маҳмадбеков ва Ҷамила Парвонаева), ба дунё омадааст. Дар Бозиҳои олимпии Париж (2024) ӯ барандаи медали биринҷӣ дар намуди ҷудо гардид.<ref name="ref181">[https://www.bomdod.com/2024/07/31/nahustin-medali-tojikiston-dar-bozihoi-olimpii-poris-ofarinat-supersomon/ НАХУСТИН МЕДАЛИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПОРИС. ОФАРИНАТ, СУПЕРСОМОН! - Пойгоҳи хабарии "Бомдод"]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
Дар деҳаи Вишхарвак муаллими мактаб Рамазон Синонов барои наҷоти як наврас бо хирси ваҳшӣ дастбагиребон шуда, онро мағлуб кард – ҳодисае, ки дар матбуоти маҳаллӣ ҳамчун намунаи паҳлавонии ғайривaрзишии сокинони Ванҷ инъикос ёфт.<ref name="ref182">[https://www.bomdod.com/2021/10/21/muallimi-pahlavoni-vanji-hirsro-haluk-andohtu-ba-zamin-afkand/ МУАЛЛИМИ ПАҲЛАВОНИ ВАНҶӢ ХИРСРО ҲАЛУК АНДОХТУ БА ЗАМИН АФКАНД]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
{| class="wikitable"
!'''Ҷадвали 7. Натиҷаҳои барҷастаи варзишгарони мактаби Ванҷ дар сатҳи байналмилалӣ'''
|-
|'''Варзишгар'''
|'''Намуди варзиш'''
|'''Унвон ва мусобиқа'''
|'''Дастовард'''
|-
|Сомон Маҳмадбеков
|Ҷудо
|Бозиҳои олимпӣ (2024, Париж, Фаронса)
|Медали биринҷӣ
|-
|Хушқадам Хусравов
|Самбо
|Чемпионати ҷаҳон (2018, Бухарест, Руминия)
|Медали тилло
|-
|Хушқадам Хусравов
|Самбо
|Чемпионати Осиё (2014, Тошканд, Ӯзбекистон)
|Медали тилло
|-
|Шакармамад Мирмамадов
|Гӯштингирӣ
|Чемпионати ҷаҳон (2024, Душанбе, Тоҷикистон)
|Медали тилло
|-
|Шакармамад Мирмамадов
|Ҷудо
|Бозиҳои осиёӣ (2018, Ҷакарта, Индонезия)
|Медали биринҷӣ
|-
|Шакармамад Мирмамадов
|Кураш
|Чемпионати Осиё (2024, Теҳрон, Эрон)
|Медали тилло
|}
=== Соҳибкории иҷтимоӣ ва диаспора ===
Баҳор Мирзоев, зодаи деҳаи Бунайи ҷамоати Ҷовидон, дар доираи солҳои 2019–2021 аз пасандозҳои шахсии худ 140 ҳазор сомонӣ барои сохтани пули пиёдагузари замонавӣ болои дарёчаи кӯҳии Даргов (тақрибан 35 метр дарозӣ) сарф намуд, ки барои чор нафар сокинони маҳаллии баргашта аз муҳоҷират ҷойи кори муваққатӣ фароҳам овард.<ref name="ref183">[https://migration.tj/%D1%81%D0%BE%D2%B3%D0%B8%D0%B1%D0%BA%D0%BE%D1%80%D3%A3-%D0%B2%D0%B0%D0%BD%D2%B7%D3%A3-%D0%BF%D1%83%D0%BB%D0%B8-%D0%BF%D0%B8%D1%91%D0%B4%D0%B0%D0%B3%D1%83%D0%B7%D0%B0%D1%80-%D0%BC%D0%B5%D1%81%D0%BE/ Соҳибкорӣ Ванҷӣ пули пиёдагузар месозад - Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
Марҳум Эҳсоншо Мунавваров ва Моёншо Маҳмадбеков ҳамчун тоҷирони шинохта дар Федератсияи Русия, ҳамчун мададрасон ва пуштибони иҷтимоии диаспораи тоҷикони ноҳияи Ванҷ дар хориҷ аз кишвар эътироф шудаанд.<ref name="ref184">[https://pressa.tj/so%D2%B3ibkori-muvaffa%D2%9Bi-van%D2%B7%D3%A3-dar-rusiya-darguzasht/ Соҳибкори муваффақи ванҷӣ дар Русия даргузашт - Pressa.tj]. Санҷида шуд 26 июли 2026.</ref>
Тибқи феҳристи категорияи «Зодагони ноҳияи Ванҷ»-и Википедияи тоҷикӣ, дар қатори шахсиятҳои маъруфи соҳаҳои гуногун инчунин метавон аз Мадатбек Тоҷибеков, Меҳровар Ғайратов, Муриват Бекназаров, Саломи Нуриёни Баравнӣ, Саттор Қувватов, Сафина Иронова, Толиббек Бухориев, Тоҳир Гулов, Шумқор Одинабеков, Ғайратшо Роҳатов ва Қобиламоҳ Баротова ном бурд, ки ҳар кадоме дар рушди бахшҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар саҳм доранд.<ref name="ref168" />
== Ҳукумат ==
Сарвари ноҳияи Ванҷ Раиси ноҳия аст, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мегардад.<ref name="ref3" /> Ниҳоди намояндагии ноҳия – Маҷлиси вакилони халқ мебошад, ки аз тарафи мардуми ноҳия ба муддати 5 сол интихоб мешавад.<ref name="ref3" />
Раисони ноҳия дар тӯли фаъолияти маъмурии он борҳо иваз шудаанд; барои мисол, 17 ноябри соли 2021 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷабори Қосим аз мансаби раиси ноҳияи Ванҷ озод карда шуда, ба ҷои ӯ Мардзода Одинашо Миршаб ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия таъин гардид.<ref name="ref185">[https://sputnik.tj/20211117/barkanori-jabbori-qosim-nazarshozoda-vanj-roshtqala-1043601608.html Раисони Ванҷу Роштқалъа барканор шуданд: раҳбарони нав киянд?] // Sputnik Тоҷикистон, 17 ноябри 2021. Санҷида шуд 23 июли 2026.</ref>
== Эзоҳ ==
{{Reflist|30em}}
== Манобеъ ==
# Андреев М. С. Выработка железа в долине Ванча (верховья Аму-Дарьи). – Ташкент, 1926.
# Арандаренко Г. А. Дарваз и Каратегин // Военный сборник. – 1883. – № 11–12.
# Бубнова М. А. Горно-Бадахшанская автономная область. Западный Памир (памятники каменного века – XX в.). – Душанбе, 2008. – (Археологическая карта Таджикистана).
# Бурхан-уд-Дин-хан Кушкеки. Путеводитель по Каттагану и Бадахшану. – Ташкент, 1926.
# Гамильтон А. Афганистан / пер. С. П. Голубинова. – СПб., 1908.
# Гулшанӣ. Таърихи ҳумоюн. – Душанбе, 2006.
# Искандаров Б. И. Восточная Бухара и Памир во второй половине XIX в. Ч. 1-2. – Душанбе, 1962-1963.
# Кисляков Н. А. Калым и приданое у таджиков // Сборник статей по истории и филологии народов Средней Азии, посвящённый 80-летию со дня рождения А. А. Семенова. – Сталинабад, 1953.
# Крыленко Н. В., Щербаков Д. И., Марков К. К. Пять лет по Памиру (Итоги памирских экспедиций 1928, 1929, 1931, 1932, 1933 гг.). – Москва–Ленинград: Издательство Академии наук СССР, 1935.
# Камалиддинов Ш. С. Историческая география Южного Согда и Тохаристана по арабоязычным источникам IX – начала XIII вв. – Ташкент, 1996.
# Кузнецов А. Дарвоз (Рекогносцировка Ген. Шт. Капитана Кузнецова въ 1892 г.). – Новый Маргелан: Типография Ферганского областного правления, 1893.
# Лашкарбеков Б. Б. Старованджский язык (vanǰivor) // Основы иранского языкознания: Среднеиранские и новоиранские языки / под ред. В. А. Ефимова. – М.: Восточная литература, 2008. – С. 61-109.
# Масов Р. М. К истории Ванчской долины // Мероси ниёгон. – Душанбе, 1999. – № 4. – С. 20-30.
# Мушкетов Д. И. Рохаръ (Кала-и-Ванчъ). – Петроградъ: Типографія М. М. Стасюлевича, 1916. – (Отдѣльный оттискъ изъ тома LII (1916 г.) Извѣстій Императорскаго Русскаго Географическаго Общества № 876).
# Пирумшоев Ҳ. Ванҷ. – М., 2004.
# Пирумшоев Ҳ., Зафаров А. Ванҷи ману ганҷи ман (очерки таърихӣ). – Душанбе, 2013.
# Постников А. В. Схватка на «Крыше Мира»: политики, разведчики и географы в борьбе за Памир в XIX веке. – М.: Памятники исторической мысли, 2001. – ISBN 5-88451-100-0.
# Розенфельд А. З. Ванджские говоры таджикского языка / ЛГУ им. А. А. Жданова. – Л.: Изд-во Ленинградского университета, 1964. – 151 с.
# Семёнов А. А. Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза. – М.: Товарищество скоропечатни А. А. Левенсона, 1903.
# Снесарев А. Е. Восточная Бухара (военно-географический очерк) // Сборник географических, топографических и статистических материалов по Азии. Вып. LXXIX. – СПб.: Военная типография, 1906.
# Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. – Душанбе: СИЭМТ, 2013.
# Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 3. – Душанбе, 2014.
# Эдельман Д. И. Язгулямский язык. – М.: Наука, 1966.
# Эдельман Д. И. Географические названия Памира // Страны и народы Востока. Вып. XVI: Памир / под ред. Д. А. Ольдерогге. – М.: Наука (ГРВЛ), 1975. – С. 41-62.
# Языки мира: Иранские языки. III. Восточноиранские языки. – М.: Индрик, 2000.
# Юхновский И. Нѣсколько словъ объ условіяхъ жизни въ горахъ Дарваза и въ долинѣ рѣки Ванча // Туркестанские Ведомости. – 1894. – № 65. – С. 64–65.
# Moseley Chr. (ed.) Atlas of the World's Languages in Danger. – 3rd ed. – Paris: UNESCO Publishing, 2010.
# Paul D., Abbess E., Müller K., Tiessen C., Tiessen G. Language Access and Tajik Language Proficiency among the Yazghulami of Tajikistan. – SIL International, 2010.
== Пайвандҳо ==
* [https://www.vanjiman.com/ Сомонаи vanjiman.com]
* [https://vanj.info/ Торнамои Ванҷ (vanj.info)]
* [http://badakhshon.tj/?page_id=11224 Саҳифаи ноҳияи Ванҷ дар сомонаи расмии ВМКБ]
* [[c:Category:Vanj_District|Парвандаҳо дар Викианбор (Vanj District)]]
{{тоҷикистон-ҷуғ-нопурра}}
{{Тақсимоти маъмурии ВМКБ}}
{{Ноҳияи_Ванҷ}}
[[Гурӯҳ:Ноҳияҳои Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]]
[[Гурӯҳ:Ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]]
[[Гурӯҳ:Ноҳияи Ванҷ]]
ils8xf6kdutdnfgvyw2emhzobal1s6q
Бешаи палангон
0
22020
1481998
1481716
2026-07-25T16:36:22Z
Zolfeqar Fatihzadeh
30846
имло, викисозӣ
1481998
wikitext
text/x-wiki
[[Акс:Netta rufina (Red-crested Pochard) Male, London Wetland Centre - Diliff.jpg|thumbnail|Беш аз 5000 намуди паррандагон зимистонро дар ин мамнӯъгоҳ мегузаронанд<ref>Wikipedia contributors. "Tigrovaya Balka Nature Reserve." Wikipedia, The Free Encyclopedia. Wikipedia, The Free Encyclopedia, 6 Dec. 2013. Web. 20 Jan. 2014.</ref>]]
'''Мамнуъгоҳи давлатии табии «Бешаи палангон»''' — яке аз [[мавзеъҳои табии Тоҷикистон]] буда дар ҷануби [[Тоҷикистон]] дар резишгоҳи рӯди [[Вахш]] ба рӯди [[Панҷ]] ҷой дорад. Масоҳати мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» 49 700 га ташкил медиҳад. Мамнуъгоҳи табии «Бешаи палангон» бо қарори Комиссариати халқии кишоварзии Тоҷикистон дар [[4 ноябр]]и соли [[1938]] таъсис шудааст.
==Ҷойгоҳ==
Мамнуъгоҳ дар қаламрави ноҳияҳои [[ноҳияи Дӯстӣ|Дӯстӣ]], [[ноҳияи Ҷайҳун|Ҷайҳун]] ва [[Ноҳияи Қубодиён|Қубодиён]] дар [[вилояти Хатлон]] ҷой дошта ва яке аз ҷозибаҳои гардишгарии [[минтақаи сайёҳии водии Вахш]] аст.
Бештари ҳудуди мамнуъгоҳи «Бешаи палангон»-ро ҷангали обканор (туғайзор) ташкил медиҳад. Аз ҷонварони нодир дар ин мамнуъгоҳ [[гавазни бухороӣ]] боқӣ мондааст, [[бабр]]и туронӣ нест шудааст.<ref>Қодиров Ф.С. Захираҳои туристӣ: ёдгориҳои фарҳангӣ - таърихӣ ва табии. - Душанбе, 2012, с. 20.</ref>
==Таърих==
Мамнуъгоҳи бо қарори комиссариати Шурои халқии ҶШС Тоҷикистон [[4 ноябр]]и соли [[1938]] таъсис ёфтааст. Мамнуъгоҳ бо ҳадафи нигаҳдории маҷмуъи [[биёбон]]у [[туғайзор]], набототу ҳайвоноти нодири он таъсис ёфта, масоҳати куллии он беш аз 50 000 га мебошад, ки аз ин шумора 14500 га ҷангалпӯш, 10700 га [[марғзор]], 4030 га кӯл, 22173 га-ро биёбон ташкил медиҳад.<ref name="dmt.tj">[http://dmt.tj/article/мамнуъгоҳи-«бешаи-палангон»-ганҷинаи-бебаҳои-табиат Мамнуъгоҳи-«бешаи палангон» ганҷинаи бебаҳои табиат]{{Пайванди мурда|date=August 2021 |bot=InternetArchiveBot |fix-attempted=yes }}</ref>
Мамнуъгоҳ ба хотири мавҷудияти яке нодиртарин намуди ширхӯрони даранда – ''[[Бабр|бабри туронӣ]]'' «Бешаи палангон» номгузорӣ шудааст. Дар ҳудуди мамнуъгоҳ ин намуди ҳайвони ширхӯр то солҳои 50-уми асри гузашта дучор мешуд. Олими рус Р.Л. Потапов дар асари худ «Тигровая балка» чандин ҳодисаҳои вохӯрии одамонро бо палангҳо ёдрас шудааст. Вуҷуди бабри туронӣ дар ҳудуди мамнуъгоҳ тобистони соли 1953 ба қайд гирифта шудааст. Айни замон доир ба мавҷудияти ин намуди паланг дар табиат ва боғи ҳайвоноти дунё ягон маълумоте нест. Ба ақидаи бархе аз олимони соҳаи зоология ин намуд на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми сатҳи рӯйи Замин нест шудааст.
Мамнуъгоҳ манзараҳои гуногуни табиӣ дорад, аз як тараф минтақаи биёбон, аз тарафи дигар минтақаи туғайзор, кӯлҳои сершумори мамнуъгоҳро иҳота намудаанд, ки ба табиати он боз ҳам зебоӣ ва гуногунрангӣ мебахшад. Дар ҳудуди мамнуъгоҳ, инчунин, поёноби дарёи Вахш ҷойгир шудааст. Айни ҳол дар ҳудуди мамнуъгоҳ зиёда аз 20 кӯл боқӣ мондааст. Кӯлҳои мамнуъгоҳ макони зисти [[обсабзаҳо]], содатаринҳо, [[харчанг]]ҳо, [[ғамбуск]]они обӣ, нармтанҳо, моҳиҳо ва дигар ҳайвоноти обӣ мебошанд. Дар кӯлҳои мамнуъгоҳ ҳамакнун 16 гуна [[моҳӣ]] зист мекунад, ки бархе аз онҳо намудҳои эндемикӣ, яъне доираи паҳншавии маҳдуддошта мебошанд.
То солҳои 1990-ум аз намудҳои эндемикӣ дар кӯлҳои мамнуъгоҳ белбинии калони амударёӣ ва белбинии хурди амударёӣ ба қайд гирифта шуда буд. Ин намуди моҳӣ аҳамияти калони зоогеографӣ дорад, чунки ғайр аз поёноби [[дарёи Вахш]] (ҳавзаи Ому) авлоди наздики белбиниҳо дар дарёи Миссисипии Амрико ва Янтзии Чин дучор мешаванду тамом. Айни ҳол дар [[кӯл]]ҳо намудҳои нодир ва камшумори моҳиҳо, ба монанди [[муйлабмоҳии аралӣ]], [[симмоҳӣ]], [[муйлабмоҳии туркистонӣ]], [[сихболмоҳӣ]] ва [[мошмоҳӣ]] дучор мешаванд.
Инчунин, дар кӯлҳои мамнуъгоҳ 2 намуди обхокӣ [[қурбоқаи кӯлӣ]] ва [[ғуки сабз]] дучор мешаванд, ки миқдоран хеле зиёд мебошанд. Ҳамчунин, дар кӯлҳои мамнуъгоҳ [[Мори обӣ (ҷонвар)|мори обӣ]] ва яке аз ширхӯрони бумисозишуда [[нутрия]] ([[қундузи обӣ]]) дучор мешавад. Ватани аслии [[нутрия]] [[Америкаи Ҷанубӣ]] аст. Ба Тоҷикистон ин намуди ширхӯри хояндаро соли 1949 аз хоҷагии нутрияпарварии Курдамири [[Ҷумҳурии Озарбойҷон|Озарбойҷон]] овардаанд. Дар ҳудуди мамнуъгоҳ солҳои 70-уми асри гузашта хоҷагии нутрияпарварӣ мавҷуд буд ва мӯйинаи ин намуди ширхӯр дар саноати сабук васеъ истифода мешуд.
Кӯлҳои мамнуъгоҳ макони зимистонгузаронии парандагони минтақаҳои сардсер мебошад. Бо фарорасии фасли зимистон ба кӯлҳои мамнуъгоҳ баъзе намуди парандагон аз Сибир, Осиёи Марказӣ, Чин кӯч карда, то фаро расидани фасли гармо дар он ҷо мемонанд. Дар қисмати нимбиёбон ва туғайзори мамнуъгоҳ аз намояндагони синфи хазандагон [[сангпушти осиёимиёнагӣ]], [[геккони шонаангушт]], [[лундасараки регӣ]], [[куброи осиёимиёнагӣ]], [[гурза]] ва дигар намудҳои нодир вомехӯранд.<ref name="dmt.tj"/>
Яке аз калонтарин калтакалосҳои замони муосир [[сусмори хокистаранг]] дар минтақаи [[биёбон]]и мамнуъгоҳ дучор мешаванд, ки онро «тимсоҳи биёбон» низ меноманд. Экоситемаҳои мамнуъгоҳ макони зисти доимии парандагони муқимӣ буда, барои зимистонгузаронии парандагони кӯчӣ низ шароити мусоид дорад. Бо кӯшишу заҳмати масъулини мамнуъгоҳ бо мақсади ҳифз ва зиёд намудани саршумори парандагони нодир соли 2012 парваришгоҳи махсусе сохта шудааст, ки дар он [[тазарв]], [[кабк]], [[мешмурғ]] парвариш карда мешавад.
Аз намояндагони синфи ширхӯрон дар ҳудуди мамнуъгоҳ [[гавазни бухороӣ]], [[ғизол]], [[гурбаи найзор]], [[кафтор]], [[мири мушон]], [[хуки ваҳшӣ]], ҳашаротхӯри пакана, [[ҷайра]]и ҳиндӣ ва ғайра дучор мешаванд. Яке аз зеботарин намуди ширхӯрони ин мамнуъгоҳ гавазни бухороӣ аст, ки дар найзорҳои мамнуъгоҳ паҳн шудааст.
Мутаассифона, дар давраи нобасомониҳои солҳои 1992-1993-ум саршумори ин намуд аз сабаби шикори ғайриқонунӣ коҳиш ёфта буд. Лекин бо саъю кӯшиши кормандони мамнуъгоҳ солҳои охир саршумори ин намуд рӯ ба афзоиш овард ва тибқи маълумотҳои солҳои охир дар мамнуъгоҳ 250 гавазни бухороӣ вомехӯрад.
Аз ҳайвоноти бесутунмуҳра дар ҳудуди мамнуъгоҳ намояндагони содатаринҳо, исфанҷҳо, гидраҳо, кирмҳо, нармтанҳо, тортанақшаклон ва ҳашаротҳо васеъ паҳн шудаанд. Аз ҳама сершумортарин гурӯҳи ҳайвоноти мамнуъгоҳ ин ҳашаротҳо мебошанд, ки ҳаёташон бо дарахту буттаҳои мамнуъгоҳ зич алоқаманд аст. Аз ҳашаротҳо дар мамнуъгоҳ сӯзанаки кириченко, сӯзанаки императорӣ, гаҳвораҷунбони дарахтӣ, амблитесписи мишенко, мантиси саркалон, кирминаи қирмизии талхак, ганданафасаки тӯронӣ, чӯбхӯраки қиррамӯйлаб, махаон, шапалаки сафеди томирис ва ғайра дучор мешаванд.
Олами набототи мамнуъгоҳ низ хеле бой аст. Мувофиқи маълумотҳои олими соҳа дар ҳудуди мамнуъгоҳ 604 намуди рустаниҳо мерӯянд. Аз ин миқдор 322 намуд рустаниҳои хӯроки чорво, 49 намуд рустаниҳои техникӣ, 44 намуд рустаниҳои дармонӣ, 10 намуд рустаниҳои муфтхӯр ва 22 намуд рустаниҳои заҳрнок мебошанд.
Дар биёбони мамнуъгоҳ зағоза, саксавул ва ҷулғун вомехӯранд. Дар атрофи кӯлҳо ва резишгоҳи дарё намудҳои зиёди рустаниҳо аз авлодҳои бед, сафедор, ангат, санҷид паҳн шудаанд. Дар туғайзорҳо бошад най, [[найшакар]], эриантус, лух, [[шутурхор]] ва дигар алафҳои баландпоя дида мешаванд. Аз ҷиҳати шакли зист асоси флораи мамнуъгоҳро рустаниҳои алафӣ ташкил медиҳанд, ки миқдорашон ба 524 намуд мерасад.
Аз намудҳои нодир ва камшумори рустаниҳо дар ҳудуди мамнуъгоҳ занбӯруғи даштӣ, усманияи поячааш дарози хам, лолаи Тюберген, каперси Розанов, дубаргаи бухороӣ ва ғайра дида мешавад, ба [[Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон]] дохил гардидаанд.<ref name="dmt.tj"/>
== Ҳифзи мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» ==
Олами ҳайвоноту наботот чун як ҷузъи табиати зинда, яке аз манбаъҳои муҳими зебоии он мебошад ва масъалаи муҳофизати табиат аз нуқтаи назари нигоҳ доштани намудҳои гуногуни ҳайвоноту наботот яке аз масъалаҳои мубрами рӯз дар тамоми сатҳи рӯйи Замин гаштааст. Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва зерсохторҳои он, ташкилотҳои ҷамъиятии экологӣ дар роҳи ҳифз, нигаҳдорӣ ва истифодаи устувори гуногунии биологии ин мамнуъгоҳ нақша-чорабиниҳои гуногунро амалӣ менамоянд, то ҳолати табиии мамнуъгоҳ ба стандартҳои байналмилалии ҳудудҳои ҳифзшаванда ҷавобгӯ бошад ва он статуси «мамнуъгоҳи зистсипеҳрӣ»-ро соҳиб шавад. Аз ин рӯ, муносибати оқилона ба табиат ва баланд бардоштани маърифати экологии ҷомеа омилҳои асосие мебошанд, ки дар оянда ҷиҳати ҳифзу нигаҳдории гуногунии биологӣ нақши муассир мегузоранд. Барои амалӣ намудани ин ҳадафҳо на танҳо масъулини Кумитаи ҳифзи муҳити зист, балки тамоми мақомоти давлатӣ ва қишрҳои ҷомеаи кишвар низ муваззаф мебошанд. Соли 1998 вобаста ба таҷлили 60-солагии мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз [[14 август]]и соли [[1998]] № 1037 ''«Оид ба беҳтар намудани фаъолияти мамнуъгоҳи давлатии «Бешаи палангон»'' ба тасвиб расид, ки дар заминаи он як қатор қарорҳои дахлдор ҷиҳати беҳдошти вазъи экологии мамнуъгоҳ қабул гардид. Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода шуд, ки ба Созмони байнулмилалии ЮНЕСКО ҷиҳати ба мамнуъгоҳ додани статуси ''«мамнуъгоҳи зистсипеҳрӣ»'' муроҷиатнома пешниҳод намоянд. Инчунин, дар буҷаи давлатӣ ҷиҳати ба ҳолати меъёрҳои стандарти байнулмилалии ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшаванда ҷавобгӯ гардонидани ин мавзеъ сармоягузориро пешниҳод карданд.
Ҳамзамон, ба Кумитаи ҳифзи сарҳадоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки то 15 августи соли 1998 аз ҳудуди мамнуъгоҳ нуқтаҳои назорати ҳарбӣ берун бароварда шаванд. Қарорҳои қабулгардида аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири ҳифзи табиат, гуногунии зистӣ ва кам кардани таъсири номатлуби фаъолияти инсон ба муҳити атроф тадбирҳои муассир меандешанд, то ин гӯшаи нотакрори табиат ва олами ҳайвоноту набототи он ба наслҳои оянда низ боқӣ монад.<ref name="dmt.tj"/>
== Нигористон ==
<gallery mode="packed" heights="180">
File:Daryakul.jpg|Кӯли Дарёкӯл дар ҳудуди мамнуъгоҳи «Бешаи палангон».
File:Tigrovaya Balka view 118.jpg|Манзараи умумии мамнуъгоҳ.
File:Tigrovaya Balka Nature Reserve 830.jpg|Ҷангалҳои туғайии мамнуъгоҳ.
File:Lake and Canebrake 2.jpg|Кӯл ва найзор.
File:Riparian forest.jpg|Ҷангали соҳилӣ (туғай).
File:Community of trees in Tigrovaya Balka Nature Reserve.jpg|Ҷомеаи дарахтони мамнуъгоҳ.
File:Flora in Tigrovaya Balka Nature Reserve 02.jpg|Набототи баҳории мамнуъгоҳ.
File:Lake, Canebrake and sky.jpg|Манзараи кӯл ва осмони мамнуъгоҳ.
File:Natural reserve.jpg|Манзараи табиии мамнуъгоҳ.
File:Jungle of trees.jpg|Қисмати ҷангалзори мамнуъгоҳ.
</gallery>
{{Commonscat|Tigrovaya balka|Расонаҳо дар Викианбор}}
==Пайвандҳои беруна ==
* [http://iucnca.net/reserve120 Государственный природный заповедник "Тигровая балка"] {{Бойгонишуда|url=https://web.archive.org/web/20160304225121/http://iucnca.net/reserve120 |date=2016-03-04 }}
* [http://index.org.ru/eco/344.html ТАДЖИКИСТАН: ЗАПОВЕДНИКИ, ПАРКИ, ЛЮДИ. ТИГРОВАЯ БАЛКА] {{Бойгонишуда|url=https://web.archive.org/web/20160311233702/http://index.org.ru/eco/344.html |date=2016-03-11 }} Бюллетень "Экология и права человека" Выпуск 344, 15 апреля 2001
* Chris Magin [http://cmsdata.iucn.org/downloads/central_asia.pdf World Heritage Thematic Study for Central Asia] {{Бойгонишуда|url=https://web.archive.org/web/20160304190628/http://cmsdata.iucn.org/downloads/central_asia.pdf |date=2016-03-04 }} 2005 {{ref-en}}
* [http://www.tigrovajabalka.tj Заповедник «Тигровая балка»] {{Бойгонишуда|url=https://web.archive.org/web/20170521015744/http://tigrovajabalka.tj/ |date=2017-05-21 }} - официальный сайт
* [http://impulse-tour.com/tourism/tajikistan/zapovedniki-tajikistan.html]{{Пайванди мурда|date=August 2021 |bot=InternetArchiveBot |fix-attempted=yes }}
* [http://www.tajikinvest.tj/ru/index/index/pageId/177/ Национальные парки и природные заповедники] {{Бойгонишуда|url=https://web.archive.org/web/20130507121552/http://www.tajikinvest.tj/ru/index/index/pageId/177/ |date=2013-05-07 }}
== Манобеъ ==
<references />
{{Authority control}}
[[Гурӯҳ:Ҷуғрофияи Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Мамнӯъгоҳҳои табии Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Мавзеъҳои табии Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Ҷозибаҳои гардишгарии Тоҷикистон]]
75wbfj9u7oatknmc5ymqo9g096dwexu
1482001
1481998
2026-07-25T16:40:27Z
Zolfeqar Fatihzadeh
30846
вироишоти сабкӣ, викисозӣ, ороиш

[[File:Tigrovaya Balka State Nature Reserve 122.webm|thumb|Бешаи палангон: вилояти Хатлон, Ноҳияи Дӯстӣ|380x380пкс]]

1lvogaffxjtp81975ygkuog875e7aim
1482011
1482001
2026-07-25T19:16:03Z
Zolfeqar Fatihzadeh
30846
ороиш, викисозӣ, вироишоти сабкӣ
1482011
wikitext
text/x-wiki
{{Қуттии ҳамагонӣ}}[[Акс:Netta rufina (Red-crested Pochard) Male, London Wetland Centre - Diliff.jpg|thumbnail|Беш аз 5000 намуди паррандагон зимистонро дар ин мамнӯъгоҳ мегузаронанд<ref>Wikipedia contributors. "Tigrovaya Balka Nature Reserve." Wikipedia, The Free Encyclopedia. Wikipedia, The Free Encyclopedia, 6 Dec. 2013. Web. 20 Jan. 2014.</ref>]]

au3fih26ewd3w0r8n0za4wk1gw0al7z
Гурӯҳ:Иншоотҳо
14
49039
1481991
381286
2026-07-25T15:26:02Z
Шухрат Саъдиев
5132
илова
1481991
wikitext
text/x-wiki
{{Асосӣ|Иншоот}}
[[Гурӯҳ:Меъморӣ|Иншоотҳо]]
4htubb9ap2r4ijv58en13snx9fzbbwd
Мунзифа Ғаффорова
0
52882
1481987
1293237
2026-07-25T14:03:09Z
Spitamana
144920
дақиқсозӣ
1481987
wikitext
text/x-wiki
{{Олим
|ном = Мунзифа Ғаффорова
|номи аслӣ = Мунзифа Қаҳҳоровна Ғаффорова
|тасвир =Мунзифа Ғафарова.jpg
|бар =
|тавсифи тасвир =
|таърихи таваллуд = 4.10.1924
|зодгоҳ = {{Зодгоҳ|Хуҷанд|шаҳри Хуҷанд}}
|таърихи даргузашт = 2013
|шаҳрвандӣ = {{Парчам|Тоҷикистон}}
|маҳалли даргузашт = {{МаҳаллиМарг|Душанбе|шаҳри Душанбе}}, [[Тоҷикистон]]
|фазои илмӣ = фалсафа
|ҷойҳои кор = Кумитаи комсомолии вилояти Ленинобод, Кумитаи комсомолии ҶШС Тоҷикистон, КМ ҲК ҶШС Тоҷикистон, [[Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода]], [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ|Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко]]
|дараҷаи илмӣ = {{Дараҷаи илмӣ|доктор|илмҳои фалсафа}}
|унвонҳои илмӣ = {{Унвонҳои илмӣ||0}}
|алма-матер = [[Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров|Донишкадаи давлатии мӯзгории ш. Ленинобод]]
|роҳбари илмӣ =
|шогирдони маъруф =
|маъруф ба =
|ҷоизаҳо = ҷоизаи «Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон» (1974), ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат» (1948, 1949), «Дӯстии халқҳо» (1984), «Дӯстӣ» (1999), медали «Барои меҳнати шоён дар солҳои 1941–1945» (1945), ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон
|имзо =
|бари имзо =
|сайт =
|викитека =
|викианбор =
}}
'''Мунзифа Ғаффорова''' (''Мунзифа Қаҳҳоровна Ғаффорова''; [[4 октябр]]и [[1924]], [[Хуҷанд]] — [[2013]], [[Душанбе]]) — [[доктори илм]]ҳои фалсафа ([[1968]]), [[профессор]] ([[1988]]), ходими давлатӣ, «Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон» ([[1974]]).
==Зиндагинома==
* Солҳои 1943 бахши табиатшиносии [[Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров|Донишкадаи давлатии мӯзгории ш. Ленинобод]] хатм кардааст.
* 1943 ба ҳайси муаллими фанни биологияи Селхозтехникуми Ленинобод ва муншии Кумитаи комсомолӣ дар назди Донишкадаи омӯзгории вилояти Ленинобод фаъолият кардааст.
* 1944–1946 котиби Кумитаи комсомолии вилояти Ленинобод оид ба ташвиқот ва тарғибот,
* 1946–1948 котиби Кумитаи комсомолии ҶШС Тоҷикистон оид ба ташвиқот ва тарғибот,
* 1948–1952 мудири шуъбаи КМ ҲК ҶШС Тоҷикистон оид ба кор байни занон буд.
* 1952–1955 дар аспирантураи АИ ҶШС Тоҷикистон таҳсил кардааст.
* 1955–1957 ба ҳайси муаллими калони кафедраи марксизм-ленинизми Донишкадаи занонаи Душанбе,
* 1957–1962 дотсенти кафедраи марксизм-ленинизми [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ|Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко]],
* 1962–1973 мудири кафедраи фалсафаи донишкадаи мазкур кор кардааст.
* 1966–1968 докторанти Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов буд.
* 1974–1979 дар вазифаи ректори [[Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода]],
* 1979–1988 ректори [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ|Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко]] кор кардааст.
* 1988-2013 профессори кафедра и фалсафаи [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ]] буд.
== Ҷоизаҳо ==
* ҷоизаи «Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон» (1974),
* ду ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат» (1948, 1949),
* ордени «Дӯстии халқҳо» (1984), ордени «Дӯстӣ» (1999),
* медали «Барои меҳнати шоён дар солҳои 1941–1945» (1945),
* ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Инчунин бо нишонҳои сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (1971), «Аълочии маорифи халқи ИҶШС» (1982), «Аълочии фарҳанги ҷумҳурӣ» (1997), нишони «Наставник молодёжи» (1991), сарфароз карда шудааст.
== Пайвандҳо ==
* [http://www.tgpu.tj/index.php?option=com_content&view=article&id=47&Itemid=92&lang=tj Собиқ ректорони ДДОТба номи С. Айнӣ]
[[Гурӯҳ:Омӯзгорон аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Олимони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Фалсафашиносони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Докторони улуми фалсафа]]
[[Гурӯҳ:Омӯзгорони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Арбобони шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Олимони Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода]]
[[Гурӯҳ:Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ]]
[[Гурӯҳ:Вакилони Маҷлиси Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Занҳо-олимаҳо]]
9ezbifnjx6hr0elmwwqractdmz8t745
Хеопс
0
60268
1482034
1400794
2026-07-26T04:13:36Z
InternetArchiveBot
30618
Rescuing 1 sources and tagging 0 as dead.) #IABot (v2.0.9.5
1482034
wikitext
text/x-wiki
[[File:Gizeh Cheops BW 1.jpg|thumb|Аҳроми Хеопс]]
'''Хуфу,''' '''Хеопс''' (юн. Χέωψ, Cheops) — дувумини фиръавн аз дӯдмони чаҳорум фиръавнҳои [[Миср]]и бостон ба шумор меравад ва даврони фармонравоияш (2589—2566 пеш аз милод) баровард шудааст. Хуфу ҳарами бузурги Ҷиза аст.
=Таърих=
Аҳроми Хеопс ба қатори мӯъҷизаҳои олам ворид шудааст. Ии аҳромро 2800 - 2250 сол пеш то солшумории мо дар [[Миср]]и қадим бино кардаанд.
=Сохтмон=
Пойдевори он аз ҳар тараф 233 метрро ташкил медиҳад. Баландии он 147 метр буда, дар сохтмони он 2 300 000 тахтасанг, ки ҳар яки он ба ҳисоби миёна 2,5 тонна вазн дорад истифода шудааст. Тарафҳои аҳром ба дарозии танҳо 20 см аз ҳамдигар фарқ доранду халос. Сохтори ин иншооти бузург бо қутбнамо сурат гирифтааст. То садсолаи нуздаҳум аҳроми Хеопс иншооти бузурги ҷаҳонӣ ба шумор мерафт.
Дар дохили аҳром ҳуҷраи фиръавн ҷойгир аст, ки бо санги хорои сурх ороиш дода шудааст ва онро 640 км дуртар аз Ҷиза (макони аҳром) ба воситаи [[Нил (дарё)|дарёи Нил]] овардаанд. Дар бораи аҳроми Хеопс аввалин маротиба Геродот маълумот медиҳад. Ин аҳром гӯё барои фиръавни Хуфа, ки юнониён ӯро Хеопс хондаанд, сохта шудааст. Онро дар зарфи 20 сол 100 000 ғулом сохтаанд..
Сохтани аҳром кори басо душворе буд, зеро дар ин давра дастгоҳҳои техникӣ мавҷуд набуданд. Дар коркарди санг асбобҳои мисинро истифода мебурданд, ки зуд мешикаст. Тахтасангҳоро бо пармаҳои мисин сӯрох ва бо фонаҳои чӯбин зада мекафонданд. Амали рандакунӣ низ бо исканаҳои мисин анҷом меёфт.
=Мақсади сохтмони аҳром=
Сохтори аҳромро лоиҳакашони мисрӣ барои роҳ наёфтани ғоратгарон ба дахмаи фиръавн хеле мураккаб тарҳрезї намудаанд. Солиёни дароз дуздон ба дахмаи фиръавн роҳ меҷустанд. Онҳо андеша доштанд, ки дар дахма дар қатори дигар ашёҳои зарурии рӯзгор зарру тило низ фаровон аст. Вале дарёфти даромадгоҳи дахма ба онҳо муяссар намегашт. Соли [[820]] халифаи араб Абдулло Ал-Манул азми бозёфти ин ганҷинаро кард. Ӯ ба коргаронаш супориш дод, ки ковишро аз зери бинои аҳром оғоз намоянд. Баъд аз ковиши чанд даҳметра садои баланди бархӯрди чизе дар дохили аҳром онҳоро аз кор боздошт. Онҳо акнун ковишро ба сӯи садо идома доданд ва оқибат ба дохили аҳром роҳ ёфтанд. Дар фарш сангтахтаи калонро диданд, ки аз шифт афтодааст. Дар аввали роҳрав, ки онҳо воқеъ буданд, дари махсусро мушоҳида намуданд.
Аз ҳамон ҷое, ки тахтасанг афтода буд, сӯрохие мавҷуд буд. Ин роҳ онҳоро ба маркази аҳром мебурд. Дар чанд ҷой роҳро бо сангҳои калон баста буданд. Коргарон бо машаққати зиёд ба ҳуҷраи шоҳ роҳ ёфтанд. Баъдан онҳо дар пайвандии ду роҳрав боз сӯрохиеро диданд, ки ин роҳ ба сӯи хонаи шоҳ буд. Он ҷой тобути сангини бесарпӯш гузошта шуда буд. Ин хона холї буд. Ҳамаи умеди арабҳо барбод рафт. Онҳо ба хотири дарёфти тило ва ҷавоҳирот заҳмат кашида буданд. Баъди ноумедӣ онҳо хостанд, ки аҳромро аз байн баранд ва ба ин баҳона масолеҳи онро ба Қоҳира кашонанд. Ин кор ғайриимкон буд. Онҳо аз болои аҳром то 10 м сангпораро гирифтанду халос.
Саволе пайдо мешавад, ки дороии шоҳ Хуфа куҷост? Гурӯҳе андеша доранд, ки пеш аз арабҳо ғоратгарон ба он роҳ ёфтаанд. Вале коргарони Абдулло Ал-Манул далолат медиҳанд, ки ҳамаи даромадгоҳҳо маҳкам пӯшида буданд.
Соли [[1838]] математики англис Ҷон Грейвс аз ин аҳром дидан кард ва роҳи тангеро аз боло ба он кашф намуд. Ин роҳро наздикони фиръавн барои баромадан аз дахма сохта буданд. Шояд дуздон аз ин роҳ истифода бурда бошанд. Олимон шубҳа доранд, ки ба ин роҳи танги ноаён ва пур аз харсангпораҳо ганҷинаи зиёдеро, махсусан сарпӯши тобутро чӣ гуна метавон баровард. Гурӯҳе бар он ақидаанд, ки аҳром на ба сифати дахмаи фиръавн, балки ҳамчун расадхонаи астрономӣ хидмат мекард. Вақте ки аҳром 2000 сол дошт, ин андешаи ҷолибро Проклӣ расман баён карда буд. Астроном Рнчард Грикор роҳрави ба поёнро барои мушоҳидаи ҳаракати ситораҳо муносиб меҳисобид. Аксари бостоншиносон ин андешаро рад менамоянд ва сохти аҳромро барои нигоҳдошти ҷисми фиръавн меҳисобанд.
Ин муаммо то ҳол барои инсоният нокушода мемонад. Шояд замоне ояндагон аз ин сир огоҳӣ ёбанд.
== Манбаъ ==
== Пайвандҳо ==
* [http://cheops.org.ua cheops.su Энциклопедия, детально описывающая пирамиду Хеопса] {{Бойгонишуда|url=https://web.archive.org/web/20130520115144/http://cheops.org.ua/ |date=2013-05-20 }}
* [http://ru-egypt.com/lexicon/4_dynasty_genealogy Генеалогия 4 династии] {{Бойгонишуда|url=https://web.archive.org/web/20111201122426/http://ru-egypt.com/lexicon/4_dynasty_genealogy/ |date=2011-12-01 }}
[[Гурӯҳ:Таърих]]
ik4ph7eh921jawfm50pxt249yaqjhmw
Асоси иншоот
0
61798
1481992
1478119
2026-07-25T15:29:56Z
Шухрат Саъдиев
5132
иловаи [[Гурӯҳ:Иншоотҳо]] бо ёрии [[Википедиа:HotCat|HotCat]]
1481992
wikitext
text/x-wiki
{{otheruses|Асос (мазмунҳо)}}
[[Акс:Building foundation.jpg|мини|Таҳкурсии хона дар сохтмон]]
[[Акс:Сбор нагрузок на обрез фундамента.jpg|thumb|]]
[[Акс:Рекомендуемые конструкции фундаментов глубокого заложения1.jpg|thumb|]]
'''Асоси иншоот''' — табақоти ҷинсҳои куҳӣ, ки бевосита бори иморатро мебардоранд; таги таҳкурсии бино ва иншоот.
Вобаста ба пайдоиш ҷинсҳои куҳии магмавӣ (гудохтаи зеризаминӣ), таҳшин ва метаморфи (дигаршуда) мешаванд. Ҷинсҳои магмавӣ сохти булӯрӣ (кристаллӣ) доранд ва ба гурӯҳи заминҳои сангӣ (сахра) нисбат дода мешаванд. Ҷинсҳои таҳшин метавонанд сангӣ ё ғайрисангӣ шаванд. Ҷинсҳои метаморфӣ ба гурӯҳи заминҳои сангӣ дохил мешаванд. Хокҳои таҳшин вобаста ба пайдоишашон ба заминҳои қитъавӣ ва таҳшинҳои баҳрӣ тасниф мешаванд. [[Хок]]<nowiki/>ҳо (заминҳо) — ҷинсҳои куҳие, ки объекти фаъолияти муҳандисию сохтмонии инсон мебошанд ва ба сифати асос (заминаи бино ва иншоот), муҳит ё маводди биносозӣ истифода бурда мешаванд. Хосиятҳои ба биносозӣ дахлдори хокҳоро омезиши маъданӣ ва гранулометрӣ, сохт, таркиб ва ҳолати хок дар ҷойгиршавии табиии онҳо муайян мекунад.
Ду гурӯҳи асоси иншоот (таҳдоб) маъмул аст: асосҳои сангӣ ва асосҳои хокӣ. Бори иншоот ба асоси иншоот ба воситаи таҳкурсӣ таъсир мекунад. Дар вақти сохтани бино ҳадди бардошти таҳдоб ва ҳадди тағйирёбии шакли асосро ба назар гирифтан лозим аст. Интихоби дурусти навъи асос ва таҳкурсӣ дар баробари он ки иншоотро нигоҳ медорад, аҳаммияти калони иқтисодӣ ҳам дорад. Аз ҳадди бардошти таҳдоб зиёд шудани вазни иморат боиси ноустуворӣ мегардад ва дар натиҷа дар таҳдоб сатҳҳои лағзиш пайдо мешаванд. Барои ин гуна сатҳҳо таносуби байни шиддати нормалӣ σ ва шиддати тангенсиалӣ τ, ки аз таъсири бори бино ва вазни хусусии хок (замин) пайдо мегарданд, бо формулаи Кулон-Мор: '''τ = σ tg + с''' ('''φ''' ва '''с''' мушаххасоти хок: кунҷи соиши дохилӣ ва қобилияти часпандагии хок мебошанд ва муқовимати онро ба шиддати тангенсиалӣ нишон медиҳанд) ифода мешавад. Тағйироти якҷояи таҳдобу бино ва қиматҳои ҳудудии онҳо чанд навъ аст: фурӯнишинии мутлақи таҳкурсӣ; фурӯнишинии муътадили худи бино; фурӯнишинии нобаробари таҳкурсиҳои ҳамсоя; моил шудани таҳкурсӣ ё тамоми бино; фурӯ хамидани ягон қисм; лағзиши уфуқии таҳкурсӣ ё тамоми бино.
Биноҳои манзилӣ ва саноатиро, маъмулан, дар асосҳои хокӣ месозанд. Қишрҳои сангдор чун таҳдоб дар иншооти нақлиётӣ (хусусан, пулсозӣ) ва ҳидротехникӣ истифода мешаванд. Дар шароити муҳандисӣ-геологии
Тоҷикистон ба сифати таҳдоби бино аксар хокҳои суст (зардхок)-ро истифода бурдан лозим меояд. Бинои дар ин гуна асос сохташуда нобаробар мешинад. Бинобар ин, пеш аз сохтмон заминро хуб шибба мекунанд ё усулҳои гуногуни мустаҳкамкуниро ба кор мебаранд. Лоиҳакашии таҳдобҳо мувофиқи меъёрҳои амалкунандаи сохтмонӣ иҷро карда мешавад.
Ҳангоми лоиҳакашии таҳдобҳо ва таҳкурсиҳо, муқаррароти зеринро бояд ба эътибор гирифт: таъмин намудани мустаҳкамӣ ва риояи талаботи истифодабарии бинову иншоот (тағйирдиҳии шакли умумӣ ва нобаробариҳои он дар иморат набояд аз меъёрҳо зиёд бошад); истифодабарии пурраи хосиятҳои мустаҳкамӣ ва тағйири шакли хокҳо, инчунин мустаҳкамии моддаи таҳкурсӣ; ноил шудан ба арзишнокии мувофиқ, таъмини сарфаи мавод ва меҳнат. Интихоби таҳдобҳо ё сохти таҳкурсиҳо дар заминаи муқоисаи нишондиҳандаҳои техникию иқтисодие, ки бо ёрии лоиҳакашии гуногунтарзӣ дастрас шудаанд, иҷро карда мешаванд.
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
== Адабиёт ==
* {{ЭМТ|Асоси иншоот|2|муаллиф= }}
* Далматов Б. И. Механика грунтов, основания и фундаменты. Л., 1988;
* Алексеев С. И. Основания и фундаменты. СПб, 2007. И. Тоҳиров.
[[Гурӯҳ:Унсурҳои сохтмон]]
[[Гурӯҳ:Иншоотҳо]]
99e25ypskgbfq9qyweua8i0ugwt0c6d
1481994
1481992
2026-07-25T15:48:41Z
Шухрат Саъдиев
5132
1481994
wikitext
text/x-wiki
{{otheruses|Асос (мазмунҳо)}}
[[Акс:Building foundation.jpg|мини|Таҳкурсии хона дар сохтмон]]
[[Акс:Сбор нагрузок на обрез фундамента.jpg|thumb|]]
[[Акс:Рекомендуемые конструкции фундаментов глубокого заложения1.jpg|thumb|]]
'''Асоси иншоот''' — табақоти ҷинсҳои куҳӣ, ки бевосита бори иморатро мебардоранд; таги таҳкурсии [[бино]] ва [[иншоот]].
Вобаста ба пайдоиш ҷинсҳои куҳии магмавӣ (гудохтаи зеризаминӣ), таҳшин ва метаморфи (дигаршуда) мешаванд. Ҷинсҳои магмавӣ сохти булӯрӣ (кристаллӣ) доранд ва ба гурӯҳи заминҳои сангӣ (сахра) нисбат дода мешаванд. Ҷинсҳои таҳшин метавонанд [[санг|сангӣ]] ё ғайрисангӣ шаванд. Ҷинсҳои метаморфӣ ба гурӯҳи [[замин|заминҳои]] [[санг|сангӣ]] дохил мешаванд. [[Хок|Хокҳои]] таҳшин вобаста ба пайдоишашон ба заминҳои қитъавӣ ва таҳшинҳои баҳрӣ тасниф мешаванд. [[Хок|Хокҳо]] (заминҳо) — ҷинсҳои [[кӯҳ|кӯҳие]], ки объекти фаъолияти [[муҳандисӣ|муҳандисию]] [[сохтмон|сохтмонии]] [[инсон]] мебошанд ва ба сифати асос (заминаи [[бино]] ва [[иншоот]]), муҳит ё маводди биносозӣ истифода бурда мешаванд. Хосиятҳои ба биносозӣ дахлдори хокҳоро омезиши [[маъдан|маъданӣ]] ва гранулометрӣ, сохт, таркиб ва ҳолати хок дар ҷойгиршавии табиии онҳо муайян мекунад.
Ду гурӯҳи асоси иншоот (таҳдоб) маъмул аст: асосҳои сангӣ ва асосҳои хокӣ. Бори иншоот ба асоси иншоот ба воситаи таҳкурсӣ таъсир мекунад. Дар вақти сохтани бино ҳадди бардошти таҳдоб ва ҳадди тағйирёбии шакли асосро ба назар гирифтан лозим аст. Интихоби дурусти навъи асос ва таҳкурсӣ дар баробари он ки иншоотро нигоҳ медорад, аҳаммияти калони иқтисодӣ ҳам дорад. Аз ҳадди бардошти таҳдоб зиёд шудани вазни [[иморат]] боиси ноустуворӣ мегардад ва дар натиҷа дар таҳдоб сатҳҳои лағзиш пайдо мешаванд. Барои ин гуна сатҳҳо таносуби байни шиддати нормалӣ σ ва шиддати тангенсиалӣ τ, ки аз таъсири бори бино ва вазни хусусии хок (замин) пайдо мегарданд, бо формулаи Кулон-Мор: '''τ = σ tg + с''' ('''φ''' ва '''с''' мушаххасоти [[хок]]: кунҷи соиши дохилӣ ва қобилияти часпандагии хок мебошанд ва муқовимати онро ба шиддати тангенсиалӣ нишон медиҳанд) ифода мешавад. Тағйироти якҷояи таҳдобу бино ва қиматҳои ҳудудии онҳо чанд навъ аст: фурӯнишинии мутлақи таҳкурсӣ; фурӯнишинии муътадили худи бино; фурӯнишинии нобаробари таҳкурсиҳои ҳамсоя; моил шудани таҳкурсӣ ё тамоми бино; фурӯ хамидани ягон қисм; лағзиши уфуқии таҳкурсӣ ё тамоми бино.
Биноҳои [[манзил|манзилӣ]] ва саноатиро, маъмулан, дар асосҳои хокӣ месозанд. Қишрҳои сангдор чун таҳдоб дар иншооти [[нақлиёт|нақлиётӣ]] (хусусан, [[пул|пулсозӣ]]) ва [[ҳидротехника|ҳидротехникӣ]] истифода мешаванд. Дар шароити муҳандисӣ-геологии Тоҷикистон ба сифати таҳдоби [[бино]] аксар хокҳои суст (зардхок)-ро истифода бурдан лозим меояд. Бинои дар ин гуна асос сохташуда нобаробар мешинад. Бинобар ин, пеш аз сохтмон заминро хуб шибба мекунанд ё усулҳои гуногуни мустаҳкамкуниро ба кор мебаранд. Лоиҳакашии таҳдобҳо мувофиқи меъёрҳои амалкунандаи сохтмонӣ иҷро карда мешавад.
Ҳангоми лоиҳакашии таҳдобҳо ва таҳкурсиҳо, муқаррароти зеринро бояд ба эътибор гирифт: таъмин намудани мустаҳкамӣ ва риояи талаботи истифодабарии бинову иншоот (тағйирдиҳии шакли умумӣ ва нобаробариҳои он дар иморат набояд аз меъёрҳо зиёд бошад); истифодабарии пурраи хосиятҳои мустаҳкамӣ ва тағйири шакли [[хок|хокҳо]], инчунин мустаҳкамии моддаи таҳкурсӣ; ноил шудан ба арзишнокии мувофиқ, таъмини сарфаи мавод ва меҳнат. Интихоби таҳдобҳо ё сохти таҳкурсиҳо дар заминаи муқоисаи нишондиҳандаҳои техникию иқтисодие, ки бо ёрии лоиҳакашии гуногунтарзӣ дастрас шудаанд, иҷро карда мешаванд.
== Адабиёт ==
* {{ЭМТ|Асоси иншоот|2|муаллиф= }}
* Далматов Б. И. Механика грунтов, основания и фундаменты. Л., 1988;
* Алексеев С. И. Основания и фундаменты. СПб, 2007. И. Тоҳиров.
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
[[Гурӯҳ:Унсурҳои сохтмон]]
[[Гурӯҳ:Иншоотҳо]]
2x5jl8pp69xqd0c3f54d8llq49af50v
1481999
1481994
2026-07-25T16:37:29Z
Шухрат Саъдиев
5132
илова
1481999
wikitext
text/x-wiki
{{otheruses|Асос (мазмунҳо)}}
[[Акс:Building foundation.jpg|мини|Таҳкурсии хона дар сохтмон]]
[[Акс:Сбор нагрузок на обрез фундамента.jpg|thumb|]]
[[Акс:Рекомендуемые конструкции фундаментов глубокого заложения1.jpg|thumb|]]
'''Асоси иншоот''' — табақоти ҷинсҳои куҳӣ, ки бевосита бори иморатро мебардоранд; таги [[таҳкурсӣ|таҳкурсии]] [[бино]] ва [[иншоот]].

88q11cjnhauh4d8uvisvijsn6wulkpi
Қандил Ҷӯраев
0
74055
1481983
1310663
2026-07-25T13:42:40Z
Spitamana
144920
иловаи акси олим
1481983
wikitext
text/x-wiki
{{Олим
|ном =
|номи аслӣ = Қандил Шарифович Ҷӯраев
|тасвир =Қандил Ҷӯраев.jpg
|бар =
|тавсифи тасвир =
|таърихи таваллуд = 9.05.1927
|зодгоҳ = {{Зодгоҳ|Ноҳияи Рашт|ноҳияи Рашт}}, [[ҶШС Тоҷикистон]], [[ИҶШС]]
|шаҳрвандӣ = {{Парчамбандӣ|Тоҷикистон}}
|таърихи даргузашт = 29.08.1990
|маҳалли даргузашт = {{МаҳаллиМарг|Душанбе|шаҳри Душанбе}}, [[Тоҷикистон]]
|фазои илмӣ = [[ҷуғрофия]]
|ҷойҳои кор = [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ]], Вазорати маорифи ҶШС Тоҷикистон.
|дараҷаи илмӣ = {{Дараҷаи илмӣ|доктор|илмҳои ҷуғрофия}}
|унвонҳои илмӣ = {{Унвонҳои илмӣ ||0}}
|алма-матер = [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ|Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко]]
|роҳбари илмӣ =
|шогирдони маъруф =
|маъруф ба =
|ҷоизаҳо = {{ордени «Нишони Фахрӣ»}} {{ордени Байрақи Сурхи Меҳнат}} <br> медали «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин», Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон ([[1977]]). [[Аълочии маорифи халқи ИҶШС]] ([[1971]]). [[Аълочии маорифи Тоҷикистон|Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон]] ([[1967]]).
|имзо =
|бари имзо =
|сайт =
|викитека =
|викианбор =
}}
''' Қандил Шарифович Ҷӯраев ''' ([[9 май|9 майи]] [[1927]], [[ноҳияи Ғарм]] — [[29 август|29 августи]] [[Соли 1990|1990]], [[Душанбе]]) — ҷуғрофиёдон ва иқтисоддони маъруфи тоҷик, [[доктори илмҳои ҷуғрофия]] ([[1972]]), [[профессор]] ([[1979]]). Узви вобастаи [[Академияи илмҳои Тоҷикистон|Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон]] (1973). [[Аълочии маорифи халқи ИҶШС]] ([[1971]]), Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон ([[1977]]).<ref>{{книга|заглавие = Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ.|ответственный = |место = {{Душ.}}|издательство = Дониш|год = 2011|страниц = 216}}</ref>
== Зиндагинома ==
Қандил Шарифович Ҷӯраев [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ|Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко]]ро бо ихтисоси «ҷуғрофиёи иқтисодӣ» дар соли 1948 хатм кардааст.
== Корнома ==
Солҳои 1948—1957 аспирант ва муаллими кафедраи географияи донишкадаи мазкур буд. Декани факултаи географияву табиатшиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (1957—1967). Муовини вазири маорифи ҶШС Тоҷикистон (1967—1970). РекториДонишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (1970—1979). Раиси Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (1967—1971; 1975—1980). Мудири кафедраи географияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (1984—1989), ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (1989—1990). Аз соли 1988 то охири ҳаёташ вазифаи ректори Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро ба уҳда дошт. Қ. Ҷӯраев ҳамчун ходими ҷамъиятию давлатӣ чандин солҳо аъзои Кумитаи давлатии Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии илм ва техника, аъзои шуъбаи илмҳои ҷамъиятии АИ Тоҷикистон, вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ва дар ин вазифаҳои масъул қобилияти ташкилотчигию кордонии худро нишон дода, сазовори эҳтирому қадрдонии аҳли ҷомеъа гардид. Аз ин рӯ, пас аз даргузашташ бо фармони Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко номи олими тоҷик Қандил Ҷӯраев гузошта шуда буд ва то соли 2007 донишгоҳи омӯзгорӣ номи ӯро дошт.
== Фаъолияти илмӣ ==
Дар давоми фаъолияти худ 177 асарҳои илмӣ эҷод намуда, дар онҳо масъалаҳои муҳими илмӣ, аз қабили баҳамалоқамандии табиату ҷамъият, баҳои иқтисодию географӣ ба захираҳои табиию меҳнатӣ дар заминаи ҳамгироии илмию истеҳсолӣ, роҳҳои баланд бардоштани иқтидори иқтисодии ҷумҳурӣ, ҷойгиркунии самаранок ва инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда, муносибати мутақобилаи инсон бо табиат ва муҳити зист, муҳити сиёсию иҷтимоӣ ва роҳҳои такмил додани онҳо бахшида шудаанд. Вай пешгӯёна оид ба афзоиши аҳолӣ, ҳиҷрати он аҳамияти ҷиддӣ дода, нишон додаст, ки суръати баланди афзоиши аҳолӣ, нобаробар ҷойгиршавӣ ва зичии он дар шаҳру деҳот масъалаи ҷобаҷокунии қувваҳои истеҳсолкунандаро мушкил мегардонад. Барои ҳалли ин масъала Барномаи махсуси демографию экологиро пешниҳод намуда буд. Тадқиқоти вай оид ба геоэтнография ва ташкилу ташаккули нахустдавлатдории тоҷикон аз нигоҳи табиию географӣ аввалин кӯшишест дар доираҳои илмии ҷумҳурӣ. Ин кор ҷамъбасти тадқиқотҳои мавҷудаи географию геологӣ, таърихию этнографӣ, археологию антропологӣ ва дигар самтҳои илмие мебошад, ки раванди ташаккули этникии (этногенези) тоҷиконро равшан намуда, дар тадқиқи ҳамаҷонибаи он кумак карда метавонад. Маърӯзаҳои илмии ӯ доир ба проблемаҳои глобалӣ дар Ҳиндустон, Хитой, Москва, Ленинград, Киев, Туркманистон, Қазоқистон, Арманистон ва ғайра аз тарафи мутахассисон баҳои баланд гирифтаанд.<ref>Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ. — Душанбе, 2007</ref>
== Осор ==
* Дар бораи ба ноҳияҳои табиӣ-иқтисодӣ тақсим кардани сарзамини Тоҷикистон, Д., 1961;
* Баъзе масъалаҳои ҷойгиркунонӣ ва махсусгардонии хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, Д., 1965;
* Тараққиёт ва ҷойгиркунии географии саноати ҶШС Тоҷикистон, Д., 1966;
* Аҳамияти иқтисодии обҳои Тоҷикистон, Д., 1971;
* Проблемаҳои иқтисодӣ-географии инкишоф ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунандаи Тоҷикистон, Д., 1972;
* Очеркҳои табиат ва иқтисодиёти хоҷагии қишлоқи ҶШС Тоҷикистон, Д., 1973;
* Тараққиёти саноат ва масъалаҳои ба ноҳияҳои иқтисодӣ ҷудо кардани ҶШС Тоҷикистон, Д., 1975;
* Баъзе масъалаҳои иқтисодӣ- географии муносибати табиату ҷамъият, Д., 1982;
* Роҳҳои асосии тараққиёти иқтисодӣ-географии Қазоқистон ва ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, Д., 1983;
* Географияи Тоҷикистон (китоби дарсӣ барои синфи 8), Д., 1984. ва диг.
== Ҷоизаҳо ==
* Бо орденҳои «Нишони Фахрӣ»,
* Байрақи Сурхи Меҳнат,
* медали «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин»,
* Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон тақдир шудааст.
* Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1977).
* Аълочии маорифи халқи ИҶШС (1971).
* Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон (1967).
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
== Пайвандҳо ==
* [http://www.tgpu.tj/index.php?option=com_content&view=article&id=212&Itemid=92&lang=tj Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ]
[[Гурӯҳ:Олимони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Ҷуғрофияшиносони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Омӯзгорон аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Омӯзгорони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Аъзои вобастаи АИ Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ]]
[[Гурӯҳ:Докторони улуми ҷуғрофия]]
[[Гурӯҳ:Арбобони шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Дорандагони нишони Аълочии маорифи ИҶШС]]
[[Гурӯҳ:Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон]]
k1goaxfv42o1xc40crcu88ftkpdcula
Реал Мадрид (бошгоҳи футбол)
0
143970
1482014
1481946
2026-07-25T20:01:45Z
Yoonoos.tj
27005
/* */
1482014
wikitext
text/x-wiki
{{Дигар мазмунҳо|Реал Мадрид}}
{{Ҷаъбаи БФ
|замина = #FFFFF0
|матн = #000000
|ном = {{Парчами Испания}} Реал Мадрид
|мавсими ҷорӣ = [[Чемпионати футболи Испониё 2025/2026|Мавсими ҷорӣ]]
|логотип =
|номи пурра = Real Madrid Club de Fútbol<ref>{{cite web| title = Real Madrid Club de Fútbol | url = https://www.laliga.es/laliga-santander/real-madrid |lang = es |publisher = Саҳифаи расмии Ла Лига |accessdate = 2023-06-19}}</ref>
|лақаб = ''Los Blancos (Сафедҳо)<br>Los Galácticos (Каҳкашониҳо)<br>Los Merengues (Хомаиҳо)<br>Los Vikingos (Викингҳо)<br>La Casa Blanca (Кохи сафед)''
|таъсис = 06.03.1902
|барҳам =
|майдон = {{Парчами Испания}} «[[Сантияго Бернабеу (варзишгоҳ)|Сантияго Бернабеу]]», [[Мадрид]]
|ғунҷоиш = 83 186<ref>{{Cite web |title=LaLiga bate record histórico de asistencia a los estadios con más de 15 millones de espectadores |url=https://www.laliga.com/noticias/laliga-bate-record-historico-de-asistencia-a-los-estadios-con-mas-de-15-millones-de-espectadores |access-date=2025-07-28 |website=LALIGA |language=es}}</ref>
|молик =
|президент = {{Парчами Испания}} [[Флорентино Перес]]
|мудир = {{Парчами Аргентина}} [[Сантияго Солари]]
|мудири кул =
|мураббӣ = {{Парчами Португалия}} [[Ҷозе Моуринё]]
|капитан = {{Парчами Уругвай}} [[Федерико Валверде]]
|рейтинг = ҷойи 2-юм дар [[Ҷадвали зарибҳои УЕФА|раддабандии УЕФА]]<ref>{{cite web|url= https://www.uefa.com/nationalassociations/uefarankings/club/?year=2026|title=Раддабандии УЕФА барои бошгоҳҳо|website=uefa.com|accessdate=2026-07-03}}</ref>
|буҷет =
|сарпараст = {{Парчами Имороти Муттаҳидаи Арабӣ}} Fly Emirates
|мусобиқа = [[Ла Лига]]
|мавсим = [[Чемпионати футболи Испониё 2025/2026|2025/26]]
|мавқеъ = [[Акс:Silver star.png|20px|Медали нуқра]] ҷойи '''2-юм'''
|сайт = https://www.realmadrid.com/
| pattern_la1 = _realmadrid2627h
| pattern_b1 = _realmadrid2627h
| pattern_ra1 = _realmadrid2627h
| pattern_sh1 = _realmadrid2627h
| pattern_so1 = _realmadrid2627hl
| leftarm1 = FFFFFF
| body1 = FFFFFF
| rightarm1 = FFFFFF
| shorts1 = FFFFFF
| socks1 = FFFFFF
| pattern_la2 = _realmadrid2627a
| pattern_b2 = _realmadrid2627a
| pattern_ra2 = _realmadrid2627a
| pattern_sh2 = _realmadrid2627a
| pattern_so2 = _realmadrid2627al
| leftarm2 = 162E32
| body2 = 162E32
| rightarm2 = 162E32
| shorts2 = 162E32
| socks2 = 162E32
| pattern_la3 = _realmadrid2526t
| pattern_b3 = _realmadrid2526t
| pattern_ra3 = _realmadrid2526t
| pattern_sh3 = _adidaswhite
| pattern_so3 = _adidaswhitel
| leftarm3 = 007CE4
| body3 = 007CE4
| rightarm3 = 007CE4
| shorts3 = 007CE4
| socks3 = 007CE4
}}
'''«Реал Мадрид»''' ({{lang-es|Real Madrid Club de Fútbol}}, {{IPA-es|reˈal maˈðɾið ˈkluβ ðe ˈfuðβol|-|Real Madrid.ogg}}) — яке аз дурахшонтарин бошгоҳи футболи [[Испания|испониёӣ]], ки дар шаҳри [[Мадрид]] – пойтахти Испониё қарор дорад. Аз ҷониби [[ФИФА]] [[Беҳтарин бошгоҳҳои асри XX аз ҷониби ФИФА|беҳтарин бошгоҳи футболи асри XX]] эътироф шудааст.
«Реал Мадрид» яке аз се дастаест, ки дар қатори тимҳои «[[Барселона (бошгоҳи футбол)|Барселона]]» ва «[[Атлетик Билбао (бошгоҳи футбол)|Атлетик Билбао]]» ҳеч гоҳ дивизиони олии Испониёро тарк накардааст<ref>{{Cite web|url= https://www.worldfootball.net/alltime_table/esp-primera-division/|title= Spain » Primera División » All-time league table|author=|website=worldfootball.net|date=2026-01-14|publisher=|lang=en|accessdate=2026-01-14}}</ref>. Яке аз бошгоҳҳои серҷомтарин дар футболи Испониё ба ҳисоб меравад. Дар тӯли фаъолият бошгоҳи «Реал Мадрид» 71 ҷоизаи миллиро соҳиб шудааст: 36 – қаҳрамони [[Чемпионати футболи Испониё|Ла Лига]], 20 – Ҷоми Испониё, 13 – Суперҷоми Испониё ва 1 – Ҷоми Ла Лига<ref>{{cite web |url=http://www.realmadrid.com/en/about-real-madrid/honours/football|title=Real Madrid Honours: Trophies, Titles, Cups, and Championships|lang=en |publisher=Саҳифаи расмии бошгоҳи «Реал Мадрид»|accessdate=2018-08-11}}</ref>. Аз рӯи шумораи ҷом ва гол дар [[Лигаи Қаҳрамонҳо|Лигаи қаҳрамонҳои Урупо]] натиҷаи рекордӣ (15 – ҷом, 5 маротиба пайиҳам) дорад.
«Реал Мадрид» яке аз арзишмандтарин бошгоҳҳои варзишии ҷаҳон аст. Тибқи маълумоти «Deloitte», дар мавсими 2025/26, бошгоҳ бо даромади солонаи 1,161 млрд евро дар ҷои якум аст<ref>{{Cite web|url=https://www.deloitte.com/uk/en/services/financial-advisory/analysis/deloitte-football-money-league.html|title=Deloitte Football Money League 2026|author=|website=|date=2026-01-22|publisher=Deloitte United Kingdom|lang=en|accessdate=2026-01-22}}</ref>. Дар [[соли 2026]] бо арзиши умумии 9,5 миллиард доллар арзишмандтарин бошгоҳи футбол эътироф гардид<ref>{{Cite web|url=https://www.forbes.com/sites/justinteitelbaum/2026/05/29/the-worlds-most-valuable-soccer-teams-2026/|title=The World’s Most Valuable Soccer Teams 2026|author=|website=|date=2026-05-29|publisher=Forbes|lang=en|accessdate=2026-06-03}}</ref>.
== Таърих ==
=== Бунёд ===
[[Соли 1897]] дастаи «Sky Football» таъсис дода шуд, ки нахустин нишона аз бошгоҳи мадридӣ аст. Вале расман санаи [[6 март]]и [[соли 1902]] ҳамчун рӯзи таъсисёбии бошгоҳи ''Madrid Football Club'' аз тарафи [[Хулиан Паласиос]] ва бародарон Падросҳо ба ҳисоб меравад. [[29 июн]]и [[соли 1920]], шоҳи Испониё [[Алфонсо XIII]] ба даста унвони ''Шоҳона'' ({{lang-es|Real}})-ро гузошт. Аз ин рӯ номи муосири бошгоҳ ''Real Madrid'' аст.
[[Акс:Madrid C.F. 1905-06.jpg|thumb|left|260px|<div class="center">«Madrid FC», ғолибони Ҷоми Испониё дар соли 1906</div>]]
[[Акс:Madrid FC 1908.jpg|thumb|left|260px|<div class="center"> «Madrid FC», мавсими 1907/08.
Росто (аз чап ба рост): Аспиунтса, Нейра, Парахес, Линдси (д), Ревулто ва Праст. Нишаста: Яртса, Новоа, Норманд, Берраондо ва Прада.</div>]]
Аз ҳамон лаҳзаи таъсис, бошгоҳ шурӯъ ба иддаои раҳбарӣ дар футболи Испониё кард: аллакай дар [[соли 1903]] ба финали Ҷоми Испониё роҳ ёфт ва дар он аз «[[Атлетик Билбао (бошгоҳи футбол)|Атлетик Билбао]]» мағлуб шуд. Чанд сол баъд ин Ҷоми ифтихорӣ, муддати тӯлонӣ ба пойтахт кӯчид: футболбозони «Реал Мадрид» чор бор пайиҳам ғолиби Ҷоми Испониё шуданд. [[Чемпионати футболи Испониё|Чемпионати Испониё]] шурӯъ аз фасли 1928/29 баргузор мешавад, то он дам тимҳои қавитаринро бар асоси минтақа муайян мекарданд. «Мадрид» (аз соли 1920 — «Реал Мадрид») дар ин муддат 16 бор дар минтақаи пойтахт музаффар шудааст.
[[Акс:1926-02-22, La Nación, Equipo del Madrid F. C., que ayer quedó proclamado campeón del Centro, Pío.jpg|thumb|left|260px|<div class="center">«Реал Мадрид», ғолибони минтақаи пойтахт (феврали [[соли 1926]])</div>]]
=== Даврони авҷи бошгоҳ ===
Дар миёнаи солҳои 50-уми қарни гузашта, замоне ки тасмим ба таъсиси як созмони футболи қораӣ гирифта шуд, то мусобиқаҳои мунтазамро барои бошгоҳҳо ва тимҳои миллӣ фароҳам орад, «Реал Мадрид» дар Испониё садрнишини асосӣ набуд. Бо вуҷуди ин, маҳз «Реал Мадрид» дар мавсими 1954/55 қаҳрамони [[Чемпионати футболи Испониё|Лигбартари Испониё]] шуд ва аввалин роҳхатро миёни бошгоҳҳои испонӣ барои ширкат дар [[Лигаи Қаҳрамонҳо|Ҷоми Қаҳрамонони Урупо]] мушарраф гашт. Аз он лаҳза, «Реал Мадрид» тӯли 5 сол рӯйиҳам ин [[Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА|ҷом]]ро ба номи худ мӯҳр зад. Дастовардҳои тим дар арсаи байналмилалро пирӯзиҳо дар [[Чемпионати футболи Испониё|Ла Лига]] ҳамқадам буданд, онҳо аз [[соли 1954]] то [[соли 1969|1969]] тавонистанд 12 маротиба қаҳрамони [[Чемпионати футболи Испониё|Лигбартар]] шаванд. Давоми зиёда аз даҳ сол тавре шуда буд, ки агар мадридиҳо имкони қаҳрамонӣ дар [[Чемпионати футболи Испониё|чемпионати дохили]]ро аз даст медоданд, ҳатман соҳиби [[Лигаи Қаҳрамонҳо|Ҷоми қаҳрамонҳо]] мешуданд. Ҳамин тариқ, 15 сол пайиҳам дар бонуфузтарин мусобиқаи Урупо иштирок карданд ва бори аввал [[соли 1970]] бинобар ишғоли ҷои 6-ум дар [[Чемпионати футболи Испониё|Ла Лига]] аз он бенасиб шуданд. Дар он даврони тиллоии «Реал Мадрид», [[Алфредо Ди Стефано]]и аргентинӣ (беҳтарин футболбози Урупо дар солҳои 1957 ва 1959), [[Раймон Копа]]и фаронсавӣ (ҷоизадори «Тӯби тиллоӣ» дар [[соли 1958]]), [[Ферентс Пушкаш]]и маҷорӣ (футболбози рақами дуи Урупо дар [[соли 1960]]), [[Франсиско Хенто]] - барандаи шашкаратаи [[Лигаи Қаҳрамонҳо|Ҷоми қаҳрамонҳо]] бозигарони калидӣ буданд. Дар миёнаи солҳои 60-ум [[Франсиско Хенто|Хенто]]и бузургро [[Хосе Сантамария]], [[Амансио Амаро|Амансио]], [[Пирри|Пиррӣ]], [[Мигел Ангел Гонсалес Суарес|Мигел Анхел]] ҳамроҳӣ мекарданд.
Ба рафтани футболбозони кӯҳантаҷриба, анъанаҳои фотеҳонаи бошгоҳи «Шоҳона» дар Урупо тадриҷан аз байн рафт. Ҳаводорони мадридӣ рушди навбатии тимро қариби бист сол мунтазир шуданд, замоне ки насли ҷадид бо раҳбарии [[Эмилио Бутрагенйо]] ва наздиктарин ҳамдастаҳояш [[Мишел (футболбоз)|Мишел]], Ҳуго Санчез, [[Мануэл Санчис|«Маноло» Санчис]], [[Рафаэл Мартин Васкес|Мартин Васкес]] ва [[Мигел Пардеса]] омаданд. Онҳо ду маротиба қаҳрамони [[Ҷоми УЕФА]] ва панҷ маротиба дар [[Чемпионати футболи Испониё|чемпионати Испониё]] пайдарпай ғолиб шуданд.
=== Солҳои 1970-1990 ===
Дар нимаи солҳои 70-ум «Реал Мадрид» дар мавсими 1973/1974 дар бозии финалӣ рақиби сарсахташ бошгоҳи «[[Барселона (бошгоҳи футбол)|Барселона]]»-ро бо ҳисоби (4:0) мағлуб намуда, соҳиби Ҷоми Испониё шуд. [[Соли 1978]] дастаи «Реал Мадрид» [[Ули Штилике]] ва [[Хуанито]]ро харидорӣ кард. Бархилофи тафовут дар сабки бозӣ, онҳо барои солҳои тулонӣ қаҳрамони ҳаводорони мадридӣ хоҳанд монд. [[4 июн]]и [[соли 1980]] мадридиҳо дар бозии ниҳоии Ҷоми мамлакат бар «[[Реал Мадрид Кастийя]]» бо ҳисоби 6:1 ғолиб шуданд. Соли баъд «Реал Мадрид» дубора бо расидан ба финали [[Лигаи Қаҳрамонҳо|Ҷоми қаҳрамонҳо]] аз худ дар [[Аврупо|Урупо]] дарак дод. Дар ин набарди шадид бошгоҳи «[[Ливерпул (бошгоҳи футбол)|Ливерпул]]» таҳти раҳбарии [[Боб Пейсли]] бар дастаи мадридӣ ва сармураббӣ [[Вуядин Бошков]] бо ҳисоби минималии 1:0 зафар ёфт. Голи ягонаи бозиро дар дақиқаи 82-юм ҳимоягари хатти чапи мерсисайдиҳо [[Алан Кеннеди]] зад. [[Алфредо Ди Стефано]] моҳи декабри [[соли 1983]] ба вазифаи сармураббии «Реал Мадрид» таъйин шуда, бозигарон [[Рафаэл Мартин Васкес|Мартин Васкес]], [[Мишел (футболбоз)|Мишел]], [[Мануэл Санчис Онтиюело|«Маноло» Санчис]] ва [[Эмилио Бутрагенйо]]ро аз ҳайати ҷавонон ба дастаи асосӣ шомил намуд. [[Эмилио Бутрагенйо]]и ҷавон дар бозии якуми худ бо пироҳани бошгоҳи «Шоҳона» дар муқобили «[[Кадис (бошгоҳи футбол)|Кадис]]», ба задани ду гол даст ёфт ва ба мадридиҳо ғалаба овард. Дар пайи чунин талошҳо, ҳаводорон ӯро хеле зуд ҳамчун яке аз рамзҳои даста пазируфтанд.
[[24 май]]и [[соли 1985]] [[Рамон Мендоса]] курсии президентии бошгоҳи «Реал Мадрид»-ро ишғол намуда ба беҳтар шудани натиҷаҳои даста саҳм гузошт. Дар солҳои 1985 ва 1986 бо мағлуб намудани бошгоҳҳои «[[Видеотон (бошгоҳи футбол)|Видеотон]]» ва «[[Кёлн (бошгоҳи футбол)|Кёлн]]» дар бозиҳои финалӣ, мадридиҳо ҷоизадори 2 [[Ҷоми УЕФА]] шуданд. Он солҳо футболбозони «Реал Мадрид» дар варзишгоҳи худ бо илҳоми хос майдондорӣ мекарданд: ба назар чунин менамуд, ки баъди бохт бо ҳар ҳисобе, онҳо натиҷаи лозимияшонро метавонанд бозпас гиранд. Боре барояшон муяссар шуд, ки кори куллан боварнакарданиро анҷом диҳанд: бозии аввалро дар шаҳри [[Дӯсселдорф]] бар «[[Боруссия Мӯнхенгладбах|Боруссия М]]» бо ҳисоби 1:5 бохта, дар бозии ҷавобӣ дар «[[Сантияго Бернабеу (варзишгоҳ)|Сантияго Бернабеу]]» чор туби беҷавоб зада, ба даври дигар баромаданд.
Баъди чанд мавсими нисбатан номуваффақ вазифаи сармураббии «Реал Мадрид»-ро [[Хорхе Валдано]], ки то он лаҳза дар бошгоҳи «[[Тенерифе (бошгоҳи футбол)|Тенерифе]]» кори пурсамаре анҷом дода буд, ба ӯҳда гирифт. Ӯ ба [[Фернандо Редондо|Редондо]], [[Микаел Лаудруп|Лаудруп]], [[Хосе Эмилио Амависка|Амависка]] ва [[Кике Санчес Флорес|Кике Флорес]] мавқеи доимӣ дар ҳайати асосиро бовар намуд.
[[8 январ]]и [[соли 1995]] шогирдони Валдано рақибони асосии худ «[[Барселона (бошгоҳи футбол)|Барселона]]»-ро бо ҳисоби бузурги 5:0 мағлуб карда, дар охир мақоми аввали Ла Лигаро соҳиб шуданд. Аммо, мавсими оянда нокомии бошгоҳи «Реал Мадрид» дар [[Чемпионати футболи Испониё|Ла Лига]] ва [[Лигаи Қаҳрамонҳо]] сабаби барканор шудани Валдано ва моҳи июли [[соли 1996]] таъйин шудани мураббии машҳури [[Итолиё|итолиёвӣ]] [[Фабио Капелло]] гашт. Ӯ таркиби тимро ба таври назаррас навсозӣ намуда, ба он [[Кларенс Зеедорф]], [[Предраг Миятович]] ва [[Роберто Карлос]]ро шомил кард. Барои дастаи Капелло як мавсим кофӣ буд, то қаҳрамон шавад. Моҳи майи [[соли 1998]] «Реал Мадрид» таҳти идораи сармураббӣ [[Юпп Ҳайнкес]] дар бозии ҳалкунанда бар [[Ювентус (бошгоҳи футбол)|Ювентус]] (1:0) ғолиб омада, бори ҳафтум [[Лигаи Қаҳрамонҳо]]ро ба даст овард. «Реал» бо мураббии дигар [[Гуус Ҳиддинк]] пас аз чанд моҳ, бошгоҳи «[[Васко да Гама (бошгоҳи футбол)|Васко да Гама]]»-ро дар бозии ниҳоӣ шикаст дода, Ҷоми байниқораиро низ ба [[Мадрид]] интиқол дод.
Пас аз бебарории мавсими 1998/99, роҳбарияти «Реал Мадрид» тасмим гирифт вазифаи сармураббиро ба [[Висенте Дел Боске]] супорад ва хато накард: даста дар бозии финалӣ бар «[[Валенсия (бошгоҳи футбол)|Валенсия]]» (3:0) пирӯз шуда, бори ҳаштум [[Лигаи Қаҳрамонҳо]]ро ба даст овард. [[Раул Гонсалес|Раул]] голи сеюми бозиро зада, дар қатори [[Ривалдо]] ва [[Марио Жардел]] бо 10 гол дар қатори голзанҳои беҳтарини [[Лигаи Қаҳрамонҳо]] номи худро сабт кард. [[Соли 2001]], «Реал Мадрид» 28-ум унвони қаҳрамонии Испониёро ноил шуд.
=== Президентии Флорентино Перес ===
[[Акс:Florentino perez.jpg|thumb|left|260px|<div class="center">[[Флорентино Перес]]</div>]]
Бо интихоб шудан ба мансаби президентӣ [[Флорентино Перес]]и ҳадафманд тасмим гирифт, ки ҳама футболбозони беҳтарини сайёраро дар «Реал Мадрид» ҷамъ оварад. Перес фаъолияти худро бо хариди [[Луиш Фигу]]и портуғолӣ аз бошгоҳи «[[Барселона (бошгоҳи футбол)|Барселона]]» ба маблағи рекордии 71 миллион евро оғоз кард<ref>{{Cite news
|title=Figo's the Real deal|url=http://news.bbc.co.uk/sport2/hi/football/europe/848836.stm|publisher=BBC Sport|date=2000-07-24|accessdate=2008-07-12}}</ref>. Як сол баъд [[Зайниддин Зидон]] ба сафи «Реал Мадрид» пайваст, ки барои ӯ ба «[[Ювентус (бошгоҳи футбол)|Ювентус]]» боз ҳам зиёдтар - 75 миллион евро пардохт кард. Пас аз як сол, [[Роналдо]]ро аз бошгоҳи «[[Интер (бошгоҳи футбол)|Интер]]», тобистони [[соли 2003]] - [[Дэвид Бекҳэм]]ро аз «[[Манчестер Юнайтед]]», ва [[соли 2004]] ҳамлагари бошгоҳи [[Ливерпул (бошгоҳи футбол)|Ливерпул]] [[Майкл Овен]]ро ба даста овард. Ҳамин тариқ, дар мавсими 2004/05 чаҳор бозигар, ки ҷоизаи «[[Тӯби тило (France Football)|Тӯби тиллоӣ]]» доштанд: [[Роналдо]] (беҳтарин футболбози ҷаҳон дар солҳои 1997 ва 2002), [[Зайниддин Зидон|Зидон]] (1998), [[Луиш Фигу|Фигу]] (2000), Овен (2001) якҷоя дар ҳайати тими «Шоҳона» бозӣ карданд. Ин ҷамъи ситораҳои футбол ба номи «Галактикос» маъруф шуд. Дар тӯли зиёда аз панҷ соли ҳукмронии Перес (моҳи феврали соли 2006 истеъфо дод) «Реал Мадрид» ду маротиба қаҳрамони [[Чемпионати футболи Испониё|Испониё]] ва як маротиба ғолиби [[Лигаи Қаҳрамонҳо]] (дар мавсими 2001/02) шуд.
=== Президентии Рамон Калдерон ===
[[Акс:Real Madrid vs Bayern Munich.jpg|thumb|left|260px|<div class="center">Бозигарони «Реал Мадрид» дар ҳоли ҷашнгирии гол ба дарвозаи бошгоҳи «[[Бавария (бошгоҳи футбол)|Бавария]]», [[соли 2007]]</div>]]
Пас аз [[Флорентино Перес]], [[Рамон Калдерон]] президенти «Реал Мадрид» интихоб шуд, ки сабки роҳбарии ӯ аз Перес хеле фарқ мекард. Калдерон ҳадафи харидани беҳтарин футболбозонро надошт. Пеш аз ҳама, президенти нав ба тозакунӣ ва ҷавонсозии таркиби даста, ки он замон рӯзҳои сахтеро аз сар мегузаронд, пардохт. Дар давраи ҳукмронии Калдерон, [[Дэвид Бекҳэм|Бекҳэм]], [[Роберто Карлос]], [[Робиню]] ва [[Роналдо]] яъне тамоми «мерос»-и Перес фурӯхта шуданд. Дар ивази ин Калдерон бозигарони машҳур [[Руд ван Нистелрой|Ван Нистелрой]], [[Фабио Каннаваро|Каннаваро]], [[Гонсало Игуаин|Игуаин]], [[Весли Снейдер|Снейдер]] ва [[Пепе]]ро ба тими «Шоҳона» овард. Вале тағйироти асосӣ иваз намудани сармураббӣ буд. [[Фабио Капелло]], мутахассиси қавӣ ва мустақил, дубора ба даста баргардонда шуд. Мавсими аввал «Каҳкашониҳо» дар [[Чемпионати футболи Испониё|Ла Лига]] қаҳрамон шуданд, аммо дар даври 1/8-ниҳоии [[Лигаи Қаҳрамонҳо]] аз дастаи олмонии «[[Бавария (бошгоҳи футбол)|Бавария]]» дар маҷмӯъ (ҳисоби умумӣ 4:4) шикаст хӯрданд. Дар поёни фасли нахуст сарфи назар аз унвони қаҳрамони Испониё, ки аввалин бор дар тӯли чор соли охир буд, роҳбарияти «Реал Мадрид» мураббии итолиёвиро ба сабаби ҷорӣ кардани "бозии дилгиркунандаи даставӣ" аз кор озод кард. Курсии сармураббӣ ба мутахассиси олмонӣ ва мураббии «[[Хетафе (бошгоҳи футбол)|Хетафе]]» [[Бернд Шустер]] вогузошта шуд. Бо мураббии олмонӣ, «сафедпӯшҳо» Суперҷом ва қаҳрамонии [[Чемпионати футболи Испониё|Испониё]]ро пеш аз мӯҳлат ба даст оварданд. Аз ин рӯ, дар Эл-Класико (ҳисоб – 4:1), ки дар варзишгоҳи «Сантияго Бернабеу» баргузор шуд, футболбозони «[[Барселона (бошгоҳи футбол)|Барселона]]» тибқи анъанаи испониёӣ “роҳрави қаҳрамонӣ” ташкил карда, мадридиҳоро бо кафкӯбӣ истиқбол намуданд. Бо вуҷуди ин, дар [[Лигаи Қаҳрамонҳо]] пешравӣ ба чашм намерасид. Дар даври 1/8-ниҳоӣ «Реал Мадрид»-ро бошгоҳи «[[Рум (бошгоҳи футбол)|Рум]]»-и итолиёвӣ (ҳисоби умумӣ – 2:4) аз мусобиқот берун кард. Новобаста аз усули хос доштанаш [[Рамон Калдерон]] дар барномаи пешазинтихоботии дуюм қавл дод, ки [[Криштиану Роналду]], [[Кака]] ва [[Сеск Фабрегас|Фабрегас]]ро барои даста харидорӣ хоҳад кард. Соли 2009 Рамон Калдерон ба далели моҷарои тақаллуб дар интихоботи [[соли 2006]] истеъфо дод. Дар тӯли дуюним соли президентии Калдерон «Реал Мадрид» ду маротиба пайиҳам қаҳрамони Испониё ва як маротиба Суперҷоми Испониёро соҳиб шуд.
=== Бозгашти дубораи Перес ===
Қабл аз интихобот ҳама рақибон номзадии худро пас гирифтанд ва [[Флорентино Перес]] [[1 июн|1-уми июн]]и [[соли 2009]], бидуни овоздиҳӣ боз президенти «Реал Мадрид» шуд<ref>{{cite web|url=//http://news.bbc.co.uk/sport2/hi/football/europe/8076515.stm|title=Perez to return as Real president|website=uefa.com|accessdate=2009-06-01|archiveurl=https://web.archive.org/web/20160114075411/https://http/|archivedate=2016-01-14}}</ref>. Пас аз бозгашт Перес ба ташкил кардани “галактикос”-и комилан нав шурӯъ кард. Ибтидо, дар даста тағйироти раҳбарӣ сурат гирифт: [[Зайниддин Зидон]] бозикуни собиқи «Реал Мадрид» мушовири президент таъйин шуд. Рӯзи [[9 июн|9-уми июн]] пас аз музокироти тӯлонӣ ва сару садоҳои мухталиф миёнмайдони дастаи «[[Милан (бошгоҳи футбол)|Милан]]»-и Итолиё ва тими миллии Брозил [[Кака]] ба маблағи 68 миллион [[евро]] ба «Реал Мадрид» гузашт. Ӯ бо даста қарордоди шашсола имзо кард ва пас аз бозгашти Перес ситораи аввалин шуд. Пас аз он бо беҳтарин бозигари ҷаҳон дар [[соли 2008]] [[Криштиану Роналду]], ки дер боз орзуи пӯшидани пироҳани “бланкос”-ро дошт, шартнома ба имзо расид. Перес барои ситораи портуғолӣ 80 миллион [[Фунт Стерлинг|фунт стерлинг]] (93,4 миллион евро) пардохт кард. Рӯзҳои 25-уми июн ва 1-уми июл, [[Раул Албиол]] аз «[[Валенсия (бошгоҳи футбол)|Валенсия]]» ва [[Карим Бензема]] аз «[[Олимпик Лион (бошгоҳи футбол)|Олимпик Лион]]» ба арзиши 15 миллион ва 35 миллион евро ба «Реал Мадрид» гузариш намуданд. Миёнмайдон [[Эстебан Гранеро]] аз бошгоҳи «Хетафе», муҳофиз [[Алваро Арбелоа]] ва миёнмайдони такягоҳӣ [[Хаби Алонсо]] ҳарду аз бошгоҳи «[[Ливерпул (бошгоҳи футбол)|Ливерпул]]» ба ҳайати тими «Реал Мадрид» ҳамроҳ шуданд. Мадридиҳо барои интиқоли Арбелоа 4 миллион евро ва барои Алонсо 30 миллион [[Фунт Стерлинг|фунт стерлинг]] харҷ намуданд<ref>{{cite web|url=http://www.news.bbc.co.uk/sport2/hi/football/teams/l/liverpool/8184444.stm|title=Alonso completes £30m Real move|lang=en|publisher=BBC Sport|accessdate=2009-08-05|archiveurl=https://web.archive.org/web/20090805100933/http://news.bbc.co.uk/sport2/hi/football/teams/l/liverpool/8184444.stm|archivedate=2009-08-05}}</ref>.
Сарфи назар аз харидҳои муҳим, даста он мавсим натавонист ҳадди ақалл ҷомеро соҳиб шавад. Дар [[Чемпионати футболи Испониё|чемпионати Испониё]] «Реал» баъд аз тими «[[Барселона (бошгоҳи футбол)|Барселона]]» дар ҷои дуюм қарор гирифт. Бошгоҳ дар [[Лигаи Қаҳрамонҳо]] низ шаҳди нокомӣ чашид ва шашумин бор пайиҳам дар марҳилаи 1/8-ниҳоӣ аз мусобиқот берун шуд. Дар Ҷоми Испониё бошад, даста дар марҳилаи аввал аз дастаи дивизиони сеюми Испониё «[[Алкоркон бошгоҳи футбол)|Алкоркон]]» шикаст хӯрда аз мубориза хориҷ шуд. Дар поёни мавсим сармураббӣ [[Мануел Пеллегрини]] барои натиҷаҳои ғайриқаноатбахш аз мақомаш барканор шуд. [[Ҷозе Моуринё]] ки бо бошгоҳи итолиёвии «[[Интер (бошгоҳи футбол)|Интер]]» «ҳет-трики тиллоӣ» анҷом дода буд, пас аз гуфтушунидҳои кӯтоҳ сармураббии «Реал Мадрид» таъйин карда шуд<ref>{{cite web|url=https://www.independent.co.uk/sport/football/european/mourinho-to-be-unveiled-at-madrid-on-monday-after-1637m-compensation-deal-1986040.html|title=Mourinho to be unveiled at Madrid on Monday after £7m compensation deal|website=independent.co.uk|publisher=The Independent|accessdate=2010-05-31}}</ref><ref>{{cite web|url=http://news.bbc.co.uk/sport2/hi/football/europe/8708315.stm|title=Real Madrid unveil José Mourinho as their new coach|website=news.bbc.co.uk|publisher=BBC Sport|accessdate=2010-05-31}}</ref>.
Гузариши тобистона дар ҳадди соли пеш пуровоза набуд, ҳарчанд бидуни одатҳои маъмулӣ нагузашт. Барои харидорӣ беш аз 70 миллион евро харҷ шуд ва дастаро ботаҷрибатарин муҳофизатгари портуғолӣ [[Рикарду Карвалё]], миёнмайдонҳои ҷавони испонӣ - [[Педро Леон]] ва [[Серхио Каналес]], намояндагони насли нави футболи олмонӣ - [[Сами Хедира]] ва [[Масъуд Озил]], инчунин ҳуҷумкори аргентинӣ [[Анхел Ди Мария]] пурра карданд.
«Реал Мадрид» мавсими 2010/11-ро хеле бомуваффақият оғоз кард ва нишон дод, ки омодаи мубориза барои унвони қаҳрамонӣ аст, вале дар ниҳоят дар ҷои дуюм қарор гирифт. Дар Ҷоми Испониё корҳо хеле бобарор буданд. Даста дилпурона ба финал баромад ва он ҷо онҳоро рақиби азалӣ «[[Барселона (бошгоҳи футбол)|Барселона]]» интизор буд. «Реал Мадрид» дар бозии барои ҳарду даста душвор тавонист пирӯз шавад: Голи [[Криштиану Роналду]], ки дар вақти изофӣ зада шуд, ҷоми деринтизорро барои даста ба армуғон овард. Дар [[Лигаи Қаҳрамонҳо]] «Реал Мадрид» ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт, ки дар як бозии пуртаниш ва баҳсбарангези доварон дар ҷамъи ду бозӣ аз «[[Барселона (бошгоҳи футбол)|Барселона]]» шикаст хӯрд.
Тобистони [[соли 2011]], бошгоҳ барои таҳкими ҳайат ҳимоятгарон [[Рафаел Варан]], [[Фабио Коентрао]], миёнмайдонҳо [[Нури Шоҳин]], [[Ҳамид Алтинтоп]] ва ҳамлагар [[Хосе Калехон]]ро ба даста овард. Илова бар ин, бошгоҳ 22-юми июн расман аз васеъ кардани салоҳиятҳои сармураббии даста ва вогузор кардани вазифаи мудири варзишӣ ба [[Ҷозе Моуринё]] хабар дод<ref>[http://www.realmadrid.com/cs/Satellite/en/1330063139382/noticia/ComunicadoOficial/Official_Announcement_2011-07-23.htm Official Announcement] {{Бойгонишуда|url=https://web.archive.org/web/20110725011416/http://www.realmadrid.com/cs/Satellite/en/1330063139382/noticia/ComunicadoOficial/Official_Announcement_2011-07-23.htm |date=2011-07-25 }} // Realmadrid.com</ref>. Ба ин тартиб «Реал Мадрид» ба модели инглисии идоракунии даста гузашт.
Шогирдони Моуринё дар мавсими 2011/12 дастоварди «[[Барселона (бошгоҳи футбол)|Барселона]]»-ро, ки дар мавсими 2009/10 – 99 хол дар як фасл буд, бо касби 100 имтиёз шикаста, рекорди наве дар [[Чемпионати футболи Испониё|Ла Лига]] сабт карданд. Илова бар ин, «Реал Мадрид» аввалин тиме гардид, ки дар 32 бозии як мавсим пирӯз шуда, аз рӯи шумораи голҳо (121 гол) дар як фасл рекорд гузошт.
Тобистони [[соли 2012]] миёнмайдонҳои «[[Челси (бошгоҳи футбол)|Челси]]» [[Майкл Эссиен]] ва «[[Тоттенҳем Ҳотспур (бошгоҳи футбол)|Тоттенҳем]]» [[Лука Модрич]] ба Мадрид пайвастанд. Аввалӣ ба тарзи иҷора ва дуввумӣ харидорӣ шуд. Аммо як қатор бозикунҳо дастаро тарк карданд: [[Фернандо Гаго]] ва [[Серхио Каналес]] ба «[[Валенсия (бошгоҳи футбол)|Валенсия]]», [[Ҳамид Алтинтоп]] ба «[[Галатасарой (бошгоҳи футбол)|Галатасарой]]», [[Эстебан Гранеро]] ба «[[Квинз Парк Рейнҷерс (бошгоҳи футбол)|Квинз Парк Рейнҷерс]]», [[Лассана Диарра]] ба «[[Анжи (бошгоҳи футбол)|Анжи]]», [[Ройстон Дренте]] ба «[[Алания (бошгоҳи футбол)|Алания]]» инчунин ба тарзи иҷоравӣ бошад [[Дани Карвахал]] ба «[[Байер 04 (бошгоҳи футбол)|Байер 04]]» ва [[Нури Шоҳин]] нахуст ба «[[Ливерпул (бошгоҳи футбол)|Ливерпул]]» ва зимистони соли 2012 ба «[[Боруссия Дортмунд]]». Зимистон дарвозабон [[Диего Лопес (дарвозабон)|Диего Лопес]], ки қаблан дар бошгоҳҳои «[[Вийярреал (бошгоҳи футбол)|Вийярреал]]» ва «[[Севийя (бошгоҳи футбол)|Севийя]]» ҳунарнамоӣ мекард, ба даста баргашт.
«Каҳкашониҳо» мавсими 2012/13-ро бо шикаст додани дастаи «[[Барселона (бошгоҳи футбол)|Барселона]]» (ҳисоби умумӣ 4:4) дар Суперҷоми Испониё оғоз карданд. [[Чемпионати футболи Испониё|Лигбартари Испониё]]ро бошад, дар зинаи дуюм ҷамъбаст карданд. Дар Ҷоми Испониё «Реал Мадрид» ба финал расид ва «[[Барселона (бошгоҳи футбол)|Барселона]]»-ро дар ин масир аз мусобиқа берун кард, вале бозии финалиро бар «[[Атлетико Мадрид (бошгоҳи футбол)|Атлетико Мадрид]]» (1:2) бохт. Дар [[Лигаи Қаҳрамонҳо]] «мадридиҳо» ҳунарнамоиро дар даври нимниҳоии мусобиқа бо шикаст хӯрдан аз тими «[[Боруссия Дортмунд]]» (дар маҷмӯъ 3:4) ба поён расонд.
[[20 май|20–уми май]] мушаххас шуд, ки [[Ҷозе Моуринё]] дастаро тарк мекунад<ref>{{cite web|url=http://www.bbc.co.uk/sport/0/football/22583729|title=Jose Mourinho: Real Madrid boss to leave next month|publisher=BBC|date=2013-05-20|accessdate=2013-12-04|archivedate=2013-08-10|archiveurl=https://web.archive.org/web/20130810231148/http://www.bbc.co.uk/sport/0/football/22583729}}</ref><ref>{{cite web|title=Jose Mourinho: Real Madrid season worst of my career|url=http://www.bbc.co.uk/sport/0/football/22578880|accessdate=2013-05-17|newspaper=BBC|date=2013-05-17|archivedate=2013-06-12|archiveurl=https://web.archive.org/web/20130612004204/http://www.bbc.co.uk/sport/0/football/22578880}}</ref>. Рӯзи [[2 июн|2–юми июн]] [[Флорентино Перес]] бори дигар президенти «Реал Мадрид» интихоб шуд. [[27 июн|27–уми июн]] [[Карло Анчелотти]] ҳамчун сармураббии бошгоҳ муаррифӣ шуд<ref>{{cite web|url=http://www.realmadrid.com/cs/Satellite/en/Actualidad_Primer_Equipo_en/1330152799545/noticia/Noticia/Carlo_Ancelotti,_new_Real_Madrid_coach.htm|title=Carlo Ancelotti, new Real Madrid coach|date=2013-06-25|accessdate=2013-06-25|publisher=Real Madrid C.F.|archiveurl=https://web.archive.org/web/20130628231323/http://www.realmadrid.com/cs/Satellite/en/Actualidad_Primer_Equipo_en/1330152799545/noticia/Noticia/Carlo_Ancelotti,_new_Real_Madrid_coach.htm#|archivedate=2013-06-28}}</ref><ref>{{cite web|url=http://www.realmadrid.com/cs/Satellite/en/Actualidad_Primer_Equipo_en/1330153439722/noticia/Noticia/Carlo_Ancelotti_has_signed_his_contract_with_Real_Madrid.htm|title=Official: Real Madrid confirm Ancelotti signing|date=2013-06-26|accessdate=2013-06-26|publisher=Real Madrid C.F.|archiveurl=https://web.archive.org/web/20131012022320/http://www.realmadrid.com/cs/Satellite/en/Actualidad_Primer_Equipo_en/1330153439722/noticia/Noticia/Carlo_Ancelotti_has_signed_his_contract_with_Real_Madrid.htm#|archivedate=2013-10-12}}</ref>. Ёварони сармураббӣ [[Зайниддин Зидон]]и фаронсавӣ ва Пол Клементи инглис таъйин шуданд.
=== «Десима» ва требли урупоӣ ===
Тобистони [[соли 2013]] як қатор миёнмайдонҳо харидорӣ шуданд: ситораи «[[Тоттенҳем Ҳотспур (бошгоҳи футбол)|Тоттенҳем]]» [[Гарет Бейл]], [[Карлос Каземиро|Каземиро]] аз «[[Сан-Паулу (бошгоҳи футбол)|Сан-Паулу]]», [[Асиер Ийярраменди]] аз «[[Реал Сосиедад (бошгоҳи футбол)|Реал Сосиедад]]» ва [[Иско]] аз «[[Малага (бошгоҳи футбол)|Малага]]». Инчунин, [[Дани Карвахал]] пас аз гузаронидани мавсими иҷоравӣ дар «[[Байер 04 (бошгоҳи футбол)|Байер 04]]» ба даста баргашт. Футболбози [[Русҳо|рус]] [[Денис Черишев]] ва ҳамлагари испониёӣ [[Хесе]] аз дастаи ҷавонони «[[Реал Мадрид Кастийя]]» ба ҳайати дастаи асосӣ интиқол ёфтанд. Бо вуҷуди ин, як қатор бозигарон дастаро тарк карданд: ҳимоятгар [[Раул Албиол]], ҳамлагарон [[Гонсало Игуаин]] ва [[Хосе Калехон]] ба «[[Наполи (бошгоҳи футбол)|Наполи]]», миёнмайдонҳо [[Масъуд Озил]] ба «[[Арсенал (бошгоҳи футбол)|Арсенал]]», [[Кака]] ба «[[Милан (бошгоҳи футбол)|Милан]]» ва [[Педро Леон]] ба дастаи «[[Хетафе (бошгоҳи футбол)|Хетафе]]». Ҳамчун бозигарони озод, [[Рикарду Карвалё]] ба «[[Монако (бошгоҳи футбол)|Монако]]» ва [[Антонио Адан]] ба «[[Каляри (бошгоҳи футбол)|Каляри]]» гузаштанд. [[Майкл Эссиен]] баъди анҷоми мавсим ба «[[Челси (бошгоҳи футбол)|Челси]]» баргашт ва дар авоили сентябр [[Денис Черишев]] ба тими «[[Вийярреал (бошгоҳи футбол)|Вийярреал]]» ба иҷора дода шуд.
[[16 апрел|16-уми апрел]]и [[соли 2014]], «сафедпӯшҳо» бо шикаст додани «[[Барселона (бошгоҳи футбол)|Барселона]]» дар финал бо ҳисоби 2:1, Ҷоми Испониёро ба даст оварданд. Голи ҳалкунандаро [[Гарет Бейл]] ба самар расонд.
Баъд аз 12 соли интизорӣ, [[24 май|24–уми май]]и [[соли 2014]], дар варзишгоҳи «[[Варзишгоҳи Эштадиу да Луш|Эштадиу да Луш]]»-и [[Лиссабон]] «мадридиҳо» бо ҳарифи азалӣ «[[Атлетико Мадрид (бошгоҳи футбол)|Атлетико Мадрид]]» дар финали [[Лигаи Қаҳрамонҳо]] қарор гирифтанд. Вақти асосии бозӣ мусовӣ (1:1) анҷом ёфт. Голи мадридиҳоро дар дақиқаи изофии қисми дуюм [[Серхио Рамос]]и дастон ба ҳадаф расонид ва пирӯзиро аз чанголи шогирдони [[Диего Симеоне]] рабуд. Дар қисматҳои иловагии бозӣ хати ҳимояи «Атлетико Мадрид» куллан рахна гардид ва 3 голи дигар ба дарвоза сар доданд. Ин рақобат бо ҳисоби 4:1 ба фоидаи шогирдони Анчелотти хотима ёфта, «Каҳкашониҳо» даҳумин ҷоми [[Лигаи Қаҳрамонҳо]]ро аз худ намуданд<ref>{{cite web|title=Real Madrid make history with La Decima|url=http://www.euronews.com/2014/05/26/real-madrid-make-history-with-la-decima/|publisher=euronews.com|accessdate=2014-05-26|archive-date=2021-01-25|archive-url=https://web.archive.org/web/20210125021920/https://www.euronews.com/2014/05/26/real-madrid-make-history-with-la-decima|deadlink=no}}</ref>.
Пас аз пирӯзӣ дар [[Лигаи Қаҳрамонҳо]] дар [[соли 2014]], «Реал Мадрид» бо [[Кейлор Навас]], [[Тони Кроос]] ва [[Хамес Родригес]] шартнома баст<ref>{{cite web|url=http://www.firstpost.com/sports/real-madrid-unleash-new-signings-rodriguez-kroos-super-cup-final-1660463.html|title=Real Madrid to unleash new signings Rodriguez and Kroos in Super Cup|magazine=First Post|accessdate=14 августа 2014|archive-date=2020-09-15|archive-url=https://web.archive.org/web/20200915053350/https://www.firstpost.com/sports/real-madrid-unleash-new-signings-rodriguez-kroos-super-cup-final-1660463.html|deadlink=no}}</ref>. Бошгоҳ [[соли 2014]] дар бозии Суперҷоми УЕФА бар «[[Севийя (бошгоҳи футбол)|Севийя]]» пирӯз шуд. Ин 79-умин ҷоиза дар таърихи даста гардид<ref>{{cite web|url=http://www.marca.com/2014/08/13/futbol/equipos/real_madrid/1407909398.html?cdi=WID33801&s_kw=Noticias_Medio_Tiempo_MX_Noticia5|title=Real Madrid ties with Barcelona in trophies|newspaper=[[Marca (newspaper)|Marca]]|accessdate=2014-08-14|archivedate=2014-08-14|archiveurl=https://web.archive.org/web/20140814102105/http://www.marca.com/2014/08/13/futbol/equipos/real_madrid/1407909398.html?cdi=WID33801&s_kw=Noticias_Medio_Tiempo_MX_Noticia5}}</ref>. Дар охирин ҳафтаи равзанаи интиқоли тобистонаи соли 2014 «Реал Мадрид» бозигарони калидӣ [[Хаби Алонсо]]ро ба «[[Бавария (бошгоҳи футбол)|Бавария]]» ва [[Анхел Ди Мария]]ро ба «[[Манчестер Юнайтед (бошгоҳи футбол)|Манчестер Юнайтед]]» фурӯхт. Ин тасмими бошгоҳ ба баҳсу мунозираҳои зиёд печид. [[Криштиану Роналду]] изҳор дошт: ''«Агар ман масъул мебудам, шояд корҳоро ба таври дигар анҷом медодам»'' ва [[Карло Анчелотти]] иқрор шуд, ки ''«Мо корҳоро бояд дубора аз сифр шурӯъ кунем<ref>{{cite web|url=https://sg.sports.yahoo.com/news/ancelotti-madrid-must-start-again-scratch-135000249.html |title=Ancelotti: Madrid must start again from scratch |work=Yahoo! Sports |accessdate=2014-09-05|archivedate=2014-09-05|archiveurl=https://web.archive.org/web/20140905062158/https://sg.sports.yahoo.com/news/ancelotti-madrid-must-start-again-scratch-135000249.html}}</ref>».''
Пас аз оғози нобарори мавсими 2014/15, «Реал Мадрид» силсилаи 22 пирӯзии пайиҳамро ба қайд гирифт, ки зафарият бар «[[Барселона (бошгоҳи футбол)|Барселона]]» ва «[[Ливерпул (бошгоҳи футбол)|Ливерпул]]» шомили он рекорд буд. Ин натиҷаи назаррас, рекорди пешинаи Испониё - 18 ғалабаи пайдарпайи «[[Барселона (бошгоҳи футбол)|Барселона]]» таҳти роҳбарии [[Франк Райкаард]] дар мавсими 2005/06-ро барҳам зад<ref>[https://www.bbc.co.uk/sport/0/football/30406666 «Real Madrid stretch winning run as Ronaldo and Gareth Bale score»] {{Бойгонишуда|url=https://web.archive.org/web/20160106052028/https://www.bbc.co.uk/sport/0/football/30406666 |date=2016-01-06 }}. BBC. 20 декабри 2014</ref>. Силсилаи рекордӣ дар аввалин бозии [[соли 2015]] бо мағлубият аз тими «[[Валенсия (бошгоҳи футбол)|Валенсия]]» ба итмом расид. Барои такрор кардани рекорди ҷаҳонӣ (24 ғалабаи пайдарпай) ба даста ду ғалаба нарасид<ref>[https://www.bbc.co.uk/sport/0/football/30673410 «Valencia 2 — 1 Real Madrid»] {{Бойгонишуда|url=https://web.archive.org/web/20160106075551/https://www.bbc.co.uk/sport/0/football/30673410 |date=2016-01-06 }}. BBC. Сана: 4 январи 2015</ref>. Рӯзи [[20 декабр|20-уми декабр]] «Реал Мадрид» дар финал бар дастаи «[[Сан-Лоренсо (бошгоҳи футбол)|Сан-Лоренсо]]»-и аргентинӣ ғолиб омада, [[Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо]]ро соҳиб шуд. «Каҳкашониҳо» дар даври ниманиҳоии [[Лигаи Қаҳрамонҳо]] аз «[[Ювентус (бошгоҳи футбол)|Ювентус]]» мағлуб шуда, муваффақияти соли гузаштаро такрор карда натавонистанд. Дар Ҷоми Испониё низ мувоҷеҳи шикаст шуданд, инчунин дар [[Ла Лига]] бо касби ду имтиёз кам аз «[[Барселона (бошгоҳи футбол)|Барселона]]» мақоми дуюмро аз худ карданд. [[25 май|25-уми май]]и [[соли 2015]] [[Карло Анчелотти]] аз вазифаи сармураббӣ бекор карда шуд<ref>{{cite web|url=http://www.realmadrid.com/en/news/2015/05/florentino-perez-holds-a-press-conference|title=Florentino Pérez holds a press conference|date=2015-05-25|website=Realmadrid.com|access-date=2020-07-31|archive-date=2020-11-16|archive-url=https://web.archive.org/web/20201116212359/https://www.realmadrid.com/en/news/2015/05/florentino-perez-holds-a-press-conference|deadlink=no}}</ref>.
[[3 июн|3-юми июн]]и [[соли 2015]] [[Рафаэл Бенитес]] сармураббии ҷадиди «Реал Мадрид» эълон шуд ва ӯ бо даста қарордоди дусола имзо намуд<ref>{{cite web|url=http://www1.skysports.com/football/news/11835/9873743/rafa-benitez-named-new-coach-of-real-madrid|title=Rafa Benitez named new coach of Real Madrid |work=Sky Sports|date=2015-06-03 |accessdate=2015-06-03|archivedate=2018-12-13 |archiveurl=https://web.archive.org/web/20181213125935/https://www.skysports.com/football/news/11835/9873743/rafa-benitez-named-new-coach-of-real-madrid}}</ref>. «Реал»-и [[Мадрид]] бидуни мағлубият ба пеш мерафт, то дар бозии даври 11-уми чемпионати Испониё аз бошгоҳи «[[Севийя (бошгоҳи футбол)|Севийя]]» бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрд. Ба дунболи он бохти хонагии 0:4 аз «[[Барселона (бошгоҳи футбол)|Барселона]]» дар «Эл-Класико»-и фасли якум рух дод. Дар дидори аввали 1/16-ниҳоии Ҷоми Испониё «Реал Мадрид» дар сафар дастаи «[[Кадис (бошгоҳи футбол)|Кадис]]»-ро бо ҳисоби 1:3 мағлуб намуд. Бинобар сабаби ба майдон баромадани [[Денис Черишев]]и масдудшуда дар ҳайати мадридиҳо, бозии баргашт лағв шуд ва «Реал Мадрид» аз идомаи мусобиқа маҳрум гашт<ref>{{cite web|url=https://www.independent.co.uk/sport/football/european/real-madrid-disqualified-from-copa-del-rey-over-fielding-denis-cheryshev-despite-being-suspended-a6760666.html|title=Real Madrid disqualified from Copa del Rey over fielding Denis Cheryshev despite being suspended|date=2015-12-04|work=Independent|accessdate=2017-06-22|archive-date=2017-08-27|archive-url=https://web.archive.org/web/20170827124704/https://www.independent.co.uk/sport/football/european/real-madrid-disqualified-from-copa-del-rey-over-fielding-denis-cheryshev-despite-being-suspended-a6760666.html|deadlink=no}}</ref>. [[Рафаэл Бенитес|Бенитес]] [[4 январ|4-уми январ]]и [[соли 2016]] бо иттиҳоми надоштани маҳбубият миёни ҳаводорон, норизоятии бозикунон ва нотавонӣ дар касби натиҷаҳои арзанда зидди тимҳои қавӣ аз вазифааш барканор карда шуд<ref>{{cite web|url=http://www.realmadrid.com/en/news/2016/01/zidane-a-club-legend-in-the-real-madrid-dugout|title=Zidane: a club legend in the Real Madrid dugout|publisher=realmadrid.com|date=2016-01-04|accessdate=2016-01-04|archivedate=2020-11-20|archiveurl=https://web.archive.org/web/20201120220536/https://www.realmadrid.com/en/news/2016/01/zidane-a-club-legend-in-the-real-madrid-dugout}}</ref>.
[[4 январ|4-уми январ]]и [[соли 2016]] дар баробари барканории Бенитес, хабари ба ҳайси сармураббӣ таъйин шудани [[Зайниддин Зидон]] эълон шуд<ref name="Coach Zidane">{{cite web|url=http://www.uefa.com/uefachampionsleague/news/newsid=2322281.html|title=Zidane replaces Benítez at Real Madrid|website=UEFA.com|accessdate=2016-01-05|archive-date=2016-01-06 |archive-url=https://web.archive.org/web/20160106214146/http://www.uefa.com/uefachampionsleague/news/newsid=2322281.html|deadlink=no }}</ref>. Зери роҳбарии [[Зайниддин Зидон|Зидон]], «Реал Мадрид» мавсими 2015/16-ро дар [[Ла Лига]] бо як хол камтар аз «Барселона» дар ҷои дуюм ба анҷом расонд<ref>{{cite web|url=http://www.skysports.com/la-liga-table/2015|work=Sky Sports|title=2015–16 La Liga Table|date=2016-06-08|accessdate=2017-06-15|archive-date=2017-06-07|archive-url=https://web.archive.org/web/20170607012146/http://www.skysports.com/la-liga-table/2015|deadlink=no}}</ref>. Рӯзи [[28 май|28-уми май]] дар шаҳри [[Милан]], «Реал Мадрид» дар финал боз ҳам бо «[[Атлетико Мадрид (бошгоҳи футбол)|Атлетико Мадрид]]» андари майдон шуд. Қисмати асосии бозӣ бо ҳисоби 1:1 ба анҷом расид ва дар силсилазарбаҳои пеналтӣ (5:3) бахт боз ҳам ба рӯи тими «Шоҳона» хандид. Бо ба даст овардани 11-умин унвони қаҳрамонӣ дар [[Лигаи Қаҳрамонҳо]], мадридиҳо рекорди худро барои бештарин пирӯзӣ дар ин мусобиқот афзоиш доданд. Ин дастовард дар таърихи бошгоҳ номи “Ундесима”-ро гирифт<ref>{{cite web|url=http://www.uefa.com/uefachampionsleague/season=2016/matches/round=2000638/match=2015789/postmatch/report/index.html|title=Spot-on Real Madrid defeat Atlético in final again|date=2016-05-28|website=UEFA.com|access-date=2020-07-31|archive-date=2018-01-10|archive-url=https://web.archive.org/web/20180110225552/http://www.uefa.com/uefachampionsleague/season=2016/matches/round=2000638/match=2015789/postmatch/report/index.html|deadlink=no}}</ref>.
[[Акс:Real Madrid, campeón de la Champions (27309388821).jpg||thumb|center|<div class="center">Шодии мухлисони «Реал Мадрид» дар майдони Пуэрта-дел-Соли шаҳри [[Мадрид]]</div>]]
[[Зайниддин Зидон|Зидон]] ба ҳайси сармураббии «Реал Мадрид» аввалин мавсими пурраи худро бо пирӯзии [[Суперҷоми УЕФА 2016|Суперҷоми УЕФА]] дар соли 2016 оғоз кард<ref>{{cite web|url=http://www.uefa.com/uefasupercup/season=2016/matches/round=2000778/match=2019261/postmatch/report/index.html|title=Carvajal wonder goal wins Super Cup for Madrid|date=2016-08-09|website=UEFA.com|accessdate=2017-06-15|publisher=UEFA|archive-date=2017-07-26|archive-url=https://web.archive.org/web/20170726034128/http://www.uefa.com/uefasupercup/season=2016/matches/round=2000778/match=2019261/postmatch/report/index.html|deadlink=no}}</ref>. То 10-уми декабри соли 2016 мадридиҳо 35 бозиро пайиҳам бидуни бохт паси сар карда, рекорди нави бошгоҳро гузоштанд<ref>{{cite web|title=Real Madrid 3–2 Deportivo de La Coruña|url=https://www.bbc.com/sport/football/38203086|website=bbc.com|accessdate=2016-12-10|archive-date=2019-08-31|archive-url=https://web.archive.org/web/20190831091313/https://www.bbc.com/sport/football/38203086|deadlink=no}}</ref>. Санаи [[18 декабр|18-уми декабр]]и [[соли 2016]] дар бозии финалӣ, «Реал Мадрид» бар дастаи «[[Кашима Антлерс (бошгоҳи футбол)|Кашима Антлерс]]»-и [[Ҷопон]] бо ҳисоби 4:2 ғолиб омада, [[Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо]]ро ба даст овард<ref>{{cite web|url=https://www.fifa.com/clubworldcup/matches/round=276112/match=300364984/match-report.html|title=Madrid see off spirited Kashima in electric extra time final|date=2016-12-18|accessdate=2016-12-18|publisher=FIFA|archive-date=2016-12-20|archive-url=https://web.archive.org/web/20161220125922/http://www.fifa.com/clubworldcup/matches/round=276112/match=300364984/match-report.html|deadlink=yes|archiveurl=https://web.archive.org/web/20161220125922/http://www.fifa.com/clubworldcup/matches/round=276112/match=300364984/match-report.html|archivedate=2016-12-20}}</ref>. Пас аз мусовӣ бо «[[Севийя (бошгоҳи футбол)|Севийя]]» (3:3) дар Ҷоми Испониё, [[12 январ|12-уми январ]]и [[соли 2017]], силсилаи шикастнопазирии мадридиҳо ба 40 бозӣ тӯл кашид ва рекорди бошгоҳи «[[Барселона (бошгоҳи футбол)|Барселона]]» бо 39 бозӣ бидуни мағлубият дар тамоми рақобатҳои фасли қабл шикаста шуд<ref>{{cite web|url=http://www.espnfc.com/real-madrid/story/3037193/real-madrid-break-barcelonas-spanish-record-as-unbeaten-run-reaches-40|title=Real Madrid break Barcelona's Spanish record as unbeaten run reaches 40|date=2017-01-12|accessdate=2017-05-27|publisher=ESPN|archive-date=2017-08-01|archive-url=https://web.archive.org/web/20170801052008/http://www.espnfc.com/real-madrid/story/3037193/real-madrid-break-barcelonas-spanish-record-as-unbeaten-run-reaches-40|deadlink=no}}</ref>. Се рӯз пас дар майдони худ бошгоҳи «[[Севийя (бошгоҳи футбол)|Севийя]]» бо ҳисоби (2:1) тими «Шоҳона»-ро мағлуб намуда, ба силсилаи шикастнопазирии онҳо нуқта гузошт<ref>{{cite web|url=http://www.foxsports.com/soccer/story/sevilla-just-snapped-real-madrids-unbeaten-streak-one-match-new-record-011517|title=Sevilla just snapped Real Madrid's unbeaten streak one match after they set the record|date=2017-01-15|accessdate=2017-05-27|publisher=Fox Sports|archive-date=2017-05-13|archive-url=https://web.archive.org/web/20170513143527/http://www.foxsports.com/soccer/story/sevilla-just-snapped-real-madrids-unbeaten-streak-one-match-new-record-011517|deadlink=no}}</ref>. Моҳи майи соли 2017, «Реал Мадрид» 33-юмин маротиба дар таърих (бори аввал дар панҷ соли охир) ғолиби [[Ла Лига]] шуд<ref>{{cite web|url=https://www.bbc.com/sport/football/39926301|title=Real Madrid won their first La Liga title since 2012 thanks to a final-day victory at Malaga.|publisher=BBC.com|date=2017-05-21|access-date=2020-07-31|archive-date=2019-12-11|archive-url=https://web.archive.org/web/20191211030150/https://www.bbc.com/sport/football/39926301|deadlink=no}}</ref>.
[[Акс:El dulce recibimiento del Ayuntamiento al Real Madrid (01).jpg|thumb|center|<div class="center">[[Флорентино Перес|Перес]], [[Зайниддин Зидон|Зидон]] ва бозигарони «Реал» дар канори шаҳрдори Мадрид [[Мануела Кармена]] баъди пирӯзии 33-юм дар [[Ла Лига]], моҳи майи соли 2017</div>]]
[[3 июн|3-юми июн]]и [[соли 2017]], бошгоҳ бо шикаст додани «[[Ювентус (бошгоҳи футбол)|Ювентус]]»-и туринӣ (4:1) дар финал унвони [[Лигаи Қаҳрамонҳо]]ро ҳифз карда дар таърихи муосир нахустин дастае гардид, ки дар ин мусобиқа пайиҳам ду маротиба пирӯз шуд<ref>{{cite news|url=https://www.theguardian.com/football/2017/jun/03/juventus-real-madrid-champions-league-final-match-report|title=Real Madrid win Champions League as Cristiano Ronaldo double defeats Juve|author=Daniel Taylor|work=The Guardian|date=2017-06-03|accessdate=2017-06-03|archivedate=2017-06-03|archiveurl=https://web.archive.org/web/20170603205009/https://www.theguardian.com/football/2017/jun/03/juventus-real-madrid-champions-league-final-match-report}}</ref><ref>{{cite web|url=http://www.uefa.com/uefachampionsleague/season=2017/matches/round=2000787/match=2019641/postmatch/report/index.html#majestic+real+madrid+champions+league+cardiff|title=Majestic Real Madrid win Champions League in Cardiff|author=Andrew Haslam|website=UEFA.com|date=2017-06-03|accessdate=2017-06-03|archive-date=2019-09-26|archive-url=https://web.archive.org/web/20190926004946/https://www.uefa.com/uefachampionsleague/season=2017/matches/round=2000787/match=2019641/postmatch/report/index.html#majestic+real+madrid+champions+league+cardiff|deadlink=no}}</ref>. Ин сеюмин ҷом дар чор соли охир ва дар умум 12-ум ҷоми «Реал Мадрид» буд, ки ҳамчун рекорд дар таърихи мусобиқа ба қайд гирифта шуд. Ин дастовард бо номи “Дуодесима” низ маълум аст<ref>{{cite news|url=https://www.nytimes.com/2017/06/03/sports/champions-league-final-score.html?_r=0|title=Champions League Final: Real Madrid Confirms Its Spot as World's Best|newspaper=nytimes.com|date=2017-06-03|accessdate=2017-06-03|archivedate=2020-12-30|archiveurl=https://web.archive.org/web/20201230230428/https://www.nytimes.com/2017/06/03/sports/champions-league-final-score.html?_r=0}}</ref>. Дар мавсими 2016/17, «Реал Мадрид» дар таърихи худ шумораи бештари ҷомҳоро дар як мавсим касб кард<ref>{{cite web|url=http://www.realmadrid.com/en/news/2017/06/the-best-season-in-history|title=The best season in history|website=Realmadrid.com|date=2017-06-08|accessdate=2017-06-09|location=Madrid, Spain|quote=Real Madrid won four titles for the first time in their 115-year history.|publisher=Real Madrid Club de Fútbol|archive-date=2017-06-09|archive-url=https://web.archive.org/web/20170609041313/http://www.realmadrid.com/en/news/2017/06/the-best-season-in-history|deadlink=no}}</ref>.
«Реал Мадрид» бо бартарии 2:1 бар «[[Манчестер Юнайтед (бошгоҳи футбол)|Манчестер Юнайтед]]» ғолиби [[Суперҷоми УЕФА 2017]] шуд<ref>{{cite web |url=https://www.theguardian.com/football/live/2017/aug/08/real-madrid-v-manchester-united-super-cup-live |title=Real Madrid v Manchester United: Super Cup – as it happened |website=TheGuardian.com |publisher=Guardian Media Group |date=2017-08-08 |access-date=2017-08-09 |archive-date=2021-04-26 |archive-url=https://web.archive.org/web/20210426010232/https://www.theguardian.com/football/live/2017/aug/08/real-madrid-v-manchester-united-super-cup-live |deadlink=no}}</ref>. 5 рӯз баъд, «Реал Мадрид» дар якумин дидори Суперҷоми Испониё дар «[[Камп Ноу (варзишгоҳ)|Камп Ноу]]» [[Барселона (бошгоҳи футбол)|Барса]]ро 1:3 шикаст дод ва сипас дар бозии баргашт 2:0 пирӯз шуда, ба силсилаи 24 голи пайиҳами «[[Барселона (бошгоҳи футбол)|Барселона]]» ба дарвозаи хомаиҳо хотима бахшид<ref>{{cite web|url=https://www.telegraph.co.uk/football/2017/08/16/real-madrid-vs-barcelona-spanish-super-cup-live-score-updates/|title=Real Madrid 2 Barcelona 0 (5–1 on aggregate): Woeful Barca dismissed as Zinedine Zidane's unstoppable side win Super Cup|date=2017-08-17|work=Telegraph|accessdate=2017-08-24|archive-date=2020-11-22|archive-url=https://web.archive.org/web/20201122213914/https://www.telegraph.co.uk/football/2017/08/16/real-madrid-vs-barcelona-spanish-super-cup-live-score-updates/|deadlink=no}}</ref>. Санаи [[16 декабр|16-уми декабр]]и [[соли 2017]], дар бозии ниҳоӣ «Реал Мадрид» дастаи «[[Гремио (бошгоҳи футбол)|Гремио]]»-и Брозилро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода, қаҳрамони [[Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо]] шуд ва аввалин бошгоҳе гардид, ки ду бор пайиҳам ҷоми ин мусобиқотро ба даст овард<ref>{{Cite web|url=https://www.fifa.com/clubworldcup/news/ramos-y-el-madrid-redondean-un-ano-historico-en-emiratos-2925318-2925321|title=FIFA Club World Cup 2017 — News — Ramos and Real make history in the Emirates — FIFA.com|access-date=2020-07-31|archive-date=2018-12-23|archive-url=https://web.archive.org/web/20181223073615/https://www.fifa.com/clubworldcup/news/ramos-y-el-madrid-redondean-un-ano-historico-en-emiratos-2925318-2925321|deadlink=yes|accessdate=2022-05-18|archiveurl=https://web.archive.org/web/20181223073615/https://www.fifa.com/clubworldcup/news/ramos-y-el-madrid-redondean-un-ano-historico-en-emiratos-2925318-2925321|archivedate=2018-12-23}}</ref>. Худи ҳамон мавсим, «Реал Мадрид» бо «[[Ливерпул (бошгоҳи футбол)|Ливерпул]]» ба даври ниҳоии [[Лигаи Қаҳрамонҳо]] расиданд. Ин бозӣ дар варзишгоҳи «Олимпӣ»-и шаҳри [[Киев]] баргузор шуда, бо ҷароҳат бардоштану ашкҳои [[Муҳаммад Салоҳ]] ва [[Дани Карвахал]], иштибоҳҳои дарвозабони «[[Ливерпул (бошгоҳи футбол)|Ливерпул]]» Лорис Кариус ва голҳои зебои [[Гарет Бейл]]у [[Карим Бензема]] дар хотираи ҳаводорони футбол нақш баст. Ин дидорро «Реал Мадрид» (3:1) ба нафъи хеш хотима дод ва унвони ғолиби [[Лигаи Қаҳрамонҳо]]ро нигоҳ дошта, аввалин дастае гардид, ки аз рӯзи таъсис дар ин мусобиқа пайиҳам се маротиба пирӯз шуд. Инчунин пас аз солҳои 70-ум баъд аз «[[Бавария (бошгоҳи футбол)|Бавария]]» якумин бошгоҳе шуд, ки дар се мусобиқаи пайдарпайи урупоӣ ғолиб омад.
=== Реал баъди истеъфои Зидон ва фурӯши Роналду ===
Рӯзи [[31 май|31-уми май]], панҷ рӯз пас аз пирӯзӣ дар финал, [[Зайниддин Зидон|Зидон]] аз вазифаи сармураббии «Реал Мадрид» истеъфо дод ва сабаби рафтанашро “ниёз ба тағйир” унвон кард<ref>{{Cite web|url=https://www.esquire.com/uk/latest-news/a20973571/zinedine-zidane-announces-his-resignation-from-real-madrid/|title=Zinedine Zidane Announces His Resignation From Real Madrid|date=2018-05-31|work=Esquire|access-date=14 июня 2018|language=en|accessdate=2020-07-31|archivedate=2021-03-11|archiveurl=https://web.archive.org/web/20210311212221/https://www.esquire.com/uk/latest-news/a20973571/zinedine-zidane-announces-his-resignation-from-real-madrid/}}</ref><ref>{{Cite web|url=https://www.bbc.com/sport/football/44315700|title=Zinedine Zidane: Real Madrid boss stands down five days after Champions League win|date=2018-05-31|work=BBC Sport|language=en|accessdate=2020-07-31|archivedate=2021-01-13|archiveurl=https://web.archive.org/web/20210113121505/https://www.bbc.com/sport/football/44315700}}</ref>.
«Реал Мадрид» дар соли 2017, ҷоми «Нӯҳ арзиш», ҷоиза аз барномаи иҷтимоии байналмилалии кӯдакон «[[Футбол барои дӯстӣ]]»-ро дарёфт кард. Ҳар сол ҷом барои сатҳи баланди масъулияти иҷтимоии бошгоҳ ва ӯҳдадориҳои бештар ба арзишҳои лоиҳа (дӯстӣ, баробарӣ, адл, саломатӣ, сулҳ, садоқат, пирӯзӣ, анъанаҳо ва шараф) дода мешавад. Ғолибро кӯдакони иштироккунандаи чорабиниҳои ниҳоии барномаи F4F аз 64 кишвари ҷаҳон интихоб карданд<ref>{{Cite web|lang=ru|url=https://amp.championat.com/football/news-3395989-real-madrid-poluchil-kubok-devjati-cennostej.html|title=«Реал Мадрид» получил Кубок «Девяти ценностей»|website=championat.com|date=2018-04-05|accessdate=2022-06-02|archive-date=|archive-url=}}</ref>.
«Реал Мадрид» [[12 июн|12–уми июн]]и соли 2018 расман эълон кард, ки [[Хулен Лопетеги]] сармураббии тими миллии Испониё баъди анҷоми мусобиқаи [[Ҷоми ҷаҳонии футбол 2018]] вазифаи сармураббии бошгоҳро ба ӯҳда мегирад. Вале як рӯз пеш аз оғози мусобиқот [[Хулен Лопетеги|Лопетеги]] барои бидуни огоҳӣ музокира кардан бо бошгоҳ, аз мунтахаби Испониё барканор шуд<ref>{{Cite web|url=https://www.bbc.com/sport/football/44459380|title=Julen Lopetegui: Real Madrid name Spain manager as new head coach|date=2018-06-12|work=BBC Sport|language=en|accessdate=2020-07-31|archivedate=2018-06-15|archiveurl=https://web.archive.org/web/20180615101656/https://www.bbc.com/sport/football/44459380}}</ref><ref>{{Cite web|url=https://www.theguardian.com/football/2018/jun/13/julen-lopetegui-sacked-spain-manager-real-madrid-job|title=Julen Lopetegui sacked by Spain as Fernando Hierro takes over|date=2018-06-13|website=the Guardian|language=en|archive-date=2019-01-01|archive-url=https://web.archive.org/web/20190101183643/https://www.theguardian.com/football/2018/jun/13/julen-lopetegui-sacked-spain-manager-real-madrid-job|deadlink=no}}</ref><ref>{{Cite web|url=https://www.bbc.com/sport/football/44467548|title=World Cup 2018: Spain sack manager Julen Lopetegui two days before first match|date=2018-06-13|work=BBC Sport|language=en|accessdate=2020-07-31|archivedate=2019-04-12|archiveurl=https://web.archive.org/web/20190412054747/https://www.bbc.com/sport/football/44467548}}</ref>. Тобистони соли 2018 дар пайи таҷдиди ҳайат, устураи бошгоҳ [[Криштиану Роналду]] ба арзиши 112 миллион евро ба тими «[[Ювентус (бошгоҳи футбол)|Ювентус]]» гузашт<ref>{{Cite web|url=https://www.bbc.co.uk/sport/football/44785173|title=Cristiano Ronaldo: Juventus sign Real Madrid forward for £99.2m|date=2018-07-10|work=BBC Sport|language=en|accessdate=2020-07-31|archivedate=2018-07-10|archiveurl=https://web.archive.org/web/20180710154813/https://www.bbc.co.uk/sport/football/44785173}}</ref>. Пас аз як қатор бозиҳои заъиф ва мағлубиятҳои даста, Лопетеги аз кор озод карда шуда, мураббии онвақтаи «[[Реал Мадрид Кастийя]]» [[Сантияго Солари]] ҷойгузини ӯ таъйин гашт<ref>{{cite web |url=https://www.abc.es/deportes/real-madrid/abci-solari-sentara-banquillo-real-madrid-tras-destitucion-lopetegui-201810291705_video.html |title=Solari se sentará en el banquillo del Real Madrid tras la destitución de Lopetegui |date=2018-10-29|newspaper=ABC |language=es |publisher=Vocento |accessdate=2020-07-31 |archivedate=2019-04-13 |archiveurl=https://web.archive.org/web/20190413235328/https://www.abc.es/deportes/real-madrid/abci-solari-sentara-banquillo-real-madrid-tras-destitucion-lopetegui-201810291705_video.html }}</ref>. [[22 декабр|22-юми декабр]]и соли 2018 «Реал Мадрид» дар финал бар дастаи «[[Ал-Айн (бошгоҳи футбол)|Ал-Айн]]»-и Аморати Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 4:1 ғалаба карда, пайиҳам сеюмин [[Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо]]ро ба даст овард. Пас аз ин пирӯзӣ «Реал Мадрид» бо чаҳор унвон ба рекорддори мутлақи мусобиқа табдил ёфт. Бошгоҳ дар маҷмӯъ ҳафт маротиба қаҳрамони ҷаҳон дониста мешавад, зеро ФИФА Ҷоми байниқораиро ҳамчун пешгузаштаи Ҷоми бошгоҳҳои ҷаҳон эътироф мекунад. «Реал Мадрид» инчунин шумораи рекорди пайдарпай дар ин мусобиқаро афзоиш дод<ref name="Real becomes highest trophy holder in FIFA Club World Cup">{{cite web |url=https://www.fifa.com/clubworldcup/news/real-madrid-win-third-successive-global-crown |title=Real Madrid win third successive global crown |website=FIFA.com |publisher=FIFA |date=2018-12-22 |access-date=22 декабря 2018 |accessdate=2020-07-31 |archivedate=2018-12-22 |archiveurl=https://web.archive.org/web/20181222230424/https://www.fifa.com/clubworldcup/news/real-madrid-win-third-successive-global-crown}}</ref>. [[11 март|11-уми март]]и соли 2019 «Реал Мадрид» дубора [[Зайниддин Зидон|Зидон]]ро сармураббии бошгоҳ таъйин кард<ref>{{cite web|url=https://www.realmadrid.com/en/news/2019/03/official-announcement|title=Official Announcement|publisher=Real Madrid C.F.|date=2019-03-11|accessdate=2019-03-11|archive-date=2019-03-30|archive-url=https://web.archive.org/web/20190330054737/https://www.realmadrid.com/en/news/2019/03/official-announcement|deadlink=no}}</ref><ref>{{Cite web|url=https://www.realmadrid.com/noticias/2019/03/zidane-regresa-al-real-madrid|title=Zidane regresa al real madrid|date=2019-03-11|work=Real Madrid C.F.|access-date=11 марти 2019|language=es|accessdate=2020-07-31|archivedate=2020-08-17|archiveurl=https://web.archive.org/web/20200817161913/https://www.realmadrid.com/noticias/2019/03/zidane-regresa-al-real-madrid}}</ref>.
[[12 январ|12-уми январ]]и соли 2020 «Реал Мадрид» дар силсилазарбаҳои пеналтӣ «[[Атлетико Мадрид (бошгоҳи футбол)|Атлетико Мадрид]]»-ро шикаст дод ва ёздаҳумин унвони қаҳрамонии Суперҷоми Испониёро касб кард<ref>{{Cite news|url=https://www.bbc.com/sport/football/51085601|title=Spanish Super Cup: Real Madrid beat Atletico Madrid on penalties|date=2020-01-12|work=BBC Sport|access-date=9 февраля 2020|language=en|accessdate=2020-07-31|archivedate=2020-01-13|archiveurl=https://web.archive.org/web/20200113072532/https://www.bbc.com/sport/football/51085601}}</ref>. Моҳи марти соли 2020 бар асари [[Дунёгирии COVID-19|пандемияи COVID-19]] таътил эълон шуд ва дар моҳи июн бозиҳо дубора шурӯъ шуданд. Бозигарони бошгоҳи «Шоҳона» баъди баргашт 10 ғалабаи пайиҳам ба даст оварда унвони 34-ум қаҳрамонӣ дар Ла Лигаро соҳиб шуданд<ref>{{cite web|url=https://www.marca.com/en/football/real-madrid/2020/07/17/5f10db2146163f3c2c8b45d7.html|title=Real Madrid win the longest LaLiga Santander season|date=2020-07-17|accessdate=2020-07-17|website=marca.com|archive-date=2020-07-21|archive-url=https://web.archive.org/web/20200721011320/https://www.marca.com/en/football/real-madrid/2020/07/17/5f10db2146163f3c2c8b45d7.html|deadlink=no}}</ref>.
19-уми апрели соли 2021 бошгоҳ эълон кард, ки якҷоя бо 11 бошгоҳи дигар ба [[Суперлигаи Урупо]] ҳамроҳ мешавад. Вале баъди чанд рӯз, бинобар норозигии шадиди ҳаводорон, бошгоҳҳо як паси дигар расман аз ин лоиҳа хориҷ шуданд. «Реал» бо се бошгоҳи дигар дар ҳоли идомаи музокирот боқӣ монданд<ref>{{cite web|title=Перес: "Реал", «Барселона», «Ювентус» и «Милан» продолжают переговоры по Суперлиге|url=https://tass.ru/sport/11213415|website=tass.ru|date=2021-04-22|accessdate=2022-03-21}}</ref>. Дар чемпионат, даста мавсимро дар ҷойи дуюм бо 2 хол камтар аз «Атлетико Мадрид» ба анҷом расонид. Дар [[Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА 2020/2021]] даста дар нимфинал аз тими «[[Челси (бошгоҳи футбол)|Челси]]» мағлуб шуд. [[27 май|27-уми май]] [[Зайниддин Зидон|Зидон]] расман истеъфо дод ва [[1 июн|1-уми июн]]и [[соли 2021]] [[Карло Анчелотти]] дубора ба ҳайси сармураббӣ баргашт.
=== Бозгашти дубораи Анчелотти ===
Пас аз омадани мураббии пуртаҷриба дар фасли 2021/22 ду бозикуни муҳим, миёнмайдони ҷавони бошгоҳи фаронсавии «[[Ренн (бошгоҳи футбол)|Ренн]]» [[Эдуардо Камавинга]] ва муҳофизи утришии «[[Бавария (бошгоҳи футбол)|Бавария]]» [[Давид Алаба]] ба даста ҷалб шуданд<ref>{{Cite web|url=https://varzishtv.tj/tj/news/rasman-real-futbolbozi-nav-kharid/?sphrase_id=31196|title=Расман: “Реал” футболбози нав харид|lang=tg|last=varzishtv.tj|website=varzishtv.tj|access-date=2021-09-01}}</ref><ref>{{Cite web|url=https://varzishtv.tj/tj/news/marca-alaba-bo-real-madrid-shartnoma-bast/?sphrase_id=31195|title=Marca: Алаба бо “Реал Мадрид” шартнома баст|lang=tg|last=varzishtv.tj|website=varzishtv.tj|access-date=2021-01-19}}</ref>. Мавсимро бошгоҳ комёбона анҷом дод: «Реал Мадрид» барандаи Суперҷоми Испониё, Ла Лига (натиҷаи рекордии 35-умин бор) ва [[Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА 2021/2022|Лигаи Қаҳрамонҳо]] гардид. [[27 май|27-уми май]]и [[соли 2022]] дар финал, даста бо ҳисоби 1:0 бар тими инглисии «[[Ливерпул (бошгоҳи футбол)|Ливерпул]]» пирӯз шуд ва бори 14-ум унвони қаҳрамониро ба даст овард, ки дар таърихи мусобиқа натиҷаи рекордӣ маҳсуб мешавад<ref>{{Cite web|url=https://varzishtv.tj/tj/news/vinisius-unior-marotibai-14-um-real-ro-a-ramoni-lch-gardonid/?sphrase_id=31201|title=Винисиус Ҷуниор маротибаи 14-ум “Реал”-ро қаҳрамони ЛЧ гардонид|lang=tg|last=varzishtv.tj|website=varzishtv.tj|access-date=2022-05-29}}</ref>.
[[Акс:Ofrenda de la Liga y la Champions-57-L.Millán (52109310843).jpg|thumb|center|250px|<div class="center">Футболбозони «Реал» як рӯз пас аз пирӯзӣ дар [[Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА 2021/2022|Лигаи Қаҳрамонҳо 2021/22]] [[Дубли тиллоӣ (футбол)|дубл]]ро ҷашн гирифтанд</div>]]
[[10 август|10-уми август]]и [[соли 2022]] «Реал Мадрид» дар бозии [[Суперҷоми УЕФА 2022]] бар дастаи «[[Айнтрахт Франкфурт]]» бо ҳисоби 2:0 ғалаба ба даст овард. Ин пирӯзии арзишманд бошгоҳро соҳиби Суперҷом гардонда, аз рӯи шумораи ҷом ба тимҳои машҳури урупоӣ — «[[Барселона (бошгоҳи футбол)|Барселона]]» ва «[[Милан (бошгоҳи футбол)|Милан]]» ҳамсаф намуд<ref>{{Cite web|url=https://ftv.tj/news/6614-real-madrid-barandai-superomi-uefa-2022.html|title="Реал Мадрид" - барандаи Суперҷоми УЕФА-2022!|lang=tg|last=ftv.tj|website=ftv.tj|access-date=2024-08-11}}</ref>.
[[1 июн|1-уми июн]]и [[соли 2024]] дастаи «Реал Мадрид» бори понздаҳум ғолиби Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА гардид. Дар бозии ниҳоӣ тими «[[Боруссия Дортмунд|Боруссия]]»-и Дортмундро бо ҳисоби 2:0 мағлуб намуд<ref>{{Cite web|url=https://ftv.tj/news/9010-real-i-madrid-olibi-ponzdakaratai-ligai-chempionoi-uefa.html/|title="Реал"-и Мадрид – ғолиби понздаҳкаратаи Лигаи Чемпионҳои УЕФА|lang=tg|last=ftv.tj|website=ftv.tj|access-date=2024-06-02|accessdate=2025-06-02|archivedate=2024-06-02|archiveurl=https://web.archive.org/web/20240602115020/https://ftv.tj/news/9010-real-i-madrid-olibi-ponzdakaratai-ligai-chempionoi-uefa.html}}</ref><ref>{{Cite web|url=https://www.uefa.com/uefachampionsleague/match/2039970/|title=History: B. Dortmund 0-2 Real Madrid: UEFA Champions League 2023/24 Final|lang=en|last=UEFA.com|website=UEFA.com|access-date=2025-01-29}}</ref>. Илова бар ин, «Реал» бори аввал дар таърихи худ мавсими Лигаи қаҳрамонҳоро бидуни ягон бохт анҷом дод<ref>{{Cite web|url=https://www.uefa.com/errors/|title=The official website for European football|lang=en|last=UEFA.com|website=UEFA.com|access-date=2025-01-29}}</ref>.
== Намодҳои бошгоҳ ==
=== Ангораҳо ===
<div class="center">'''Таърихи ангораҳои бошгоҳ'''</div>
<gallery caption="" 'таърихи="" ангораҳои="" бошгоҳ'''="" widths="150px" heights="150px" class="center">
Real emblem.png|Нахустин ангораи бошгоҳ (1902—1908)
Real emblem 4.png|(1908—1920)
Real emblem 5.png|(1920-1931)
Escudo Real madrid 1931.png|(1931—1941)
</gallery>
=== Пироҳанҳои даста дар мавсимҳои гуногун ===
==== Хонагӣ ====
{| width=50% style="font-size:85%"
|align=center bg color=#ffffff|
|
{{Football kit
|pattern_la =
|pattern_b = _old
|pattern_ra =
|pattern_sh = _RM1902
|pattern_so = _rmcf1902h
|leftarm = FFFFFF
|body = FFFFFF
|rightarm = FFFFFF
|shorts = FFFFFF
|socks = 111111
|title = 1902
}}
|
{{Football kit
|pattern_la =
|pattern_b = _old
|pattern_ra =
|pattern_sh =
|pattern_so = _rmcf1908h
|leftarm = FFFFFF
|body = FFFFFF
|rightarm = FFFFFF
|shorts = FFFFFF
|socks = 0047AB
|title = 1911
}}
|
{{Football kit
|pattern_la =
|pattern_b = _old_laced
|pattern_ra =
|pattern_sh =
|pattern_so = _rmcf1908h
|leftarm = FFFFFF
|body = FFFFFF
|rightarm = FFFFFF
|shorts = FFFFFF
|socks = 0047AB
|title = 1914
}}
|
{{Football kit
|pattern_la = _rmcf1925h
|pattern_b =_rmcf1925h
|pattern_ra =_rmcf1925h
|pattern_sh =
|pattern_so =
|leftarm = FFFFFF
|body = FFFFFF
|rightarm = FFFFFF
|shorts = 000000
|socks = 000000
|title = 1925
}}
|
{{Football kit
|pattern_la =
|pattern_b = _old_laced
|pattern_ra =
|pattern_sh =
|pattern_so = _rmcf1908h
|leftarm = FFFFFF
|body = FFFFFF
|rightarm = FFFFFF
|shorts = FFFFFF
|socks = 0047AB
|title = 1926
}}
|
{{Football kit
|pattern_la =
|pattern_b = _old
|pattern_ra =
|pattern_sh =
|pattern_so = _band_white
|leftarm = FFFFFF
|body = FFFFFF
|rightarm = FFFFFF
|shorts = FFFFFF
|socks = 000000
|title = 1931
}}
|
{{Football kit
|pattern_la =
|pattern_b = _old_laced
|pattern_ra =
|pattern_sh =
|pattern_so = _band_white
|leftarm = FFFFFF
|body = FFFFFF
|rightarm = FFFFFF
|shorts = FFFFFF
|socks = 000000
|title = 1941
}}
|}
{| width=50% style="font-size:85%"
|align=center bg color=#ffffff|
|
{{Football kit
|pattern_la =
|pattern_b =
|pattern_ra =
|pattern_sh =
|pattern_so = _band_white
|leftarm= FFFFFF
|body = FFFFFF
|rightarm = FFFFFF
|shorts = FFFFFF
|socks = 0047AB
|title = 1954
}}
|
{{Football kit
|pattern_la =
|pattern_b =
|pattern_ra =
|pattern_sh =
|pattern_so =
|leftarm= FFFFFF
|body = FFFFFF
|rightarm = FFFFFF
|shorts = FFFFFF
|socks = FFFFFF
|title = 1955
}}
|
{{Football kit
|pattern_la = _RM1981
|pattern_b = _RM1981
|pattern_ra = _RM1981
|pattern_sh = _RM1981
|pattern_so = _RM1981
|leftarm = FFFFFF
|body = FFFFFF
|rightarm = FFFFFF
|shorts = FFFFFF
|socks = FFFFFF
|title = 1980
}}
|
{{Football kit
|pattern_la = _RM1981
|pattern_b = _rmcf8286
|pattern_ra = _RM1981
|pattern_sh = _RM1981
|pattern_so = _RM1981
|leftarm = FFFFFF
|body = FFFFFF
|rightarm = FFFFFF
|shorts = FFFFFF
|socks = FFFFFF
|title = 1982
}}
|
{{Football kit
|pattern_la = _RM1981
|pattern_b = _rmcf8586h
|pattern_ra = _RM1981
|pattern_sh = _RM1981
|pattern_so = _RM1981
|leftarm = FFFFFF
|body = FFFFFF
|rightarm = FFFFFF
|shorts = FFFFFF
|socks = FFFFFF
|title = 1984
}}
|
{{Football kit
|pattern_la = _rmcf8689
|pattern_b = _rmcf8689
|pattern_ra = _rmcf8689
|pattern_sh = _rmcf8689
|pattern_so = _RM1981
|leftarm = FFFFFF
|body = FFFFFF
|rightarm = FFFFFF
|shorts = FFFFFF
|socks = FFFFFF
|title = 1986
}}
|
{{Football kit
|pattern_la = _rmcf8689
|pattern_b = _rmcf8990
|pattern_ra = _rmcf8689
|pattern_sh = _rmcf8689
|pattern_so = _RM1981
|leftarm = FFFFFF
|body = FFFFFF
|rightarm = FFFFFF
|shorts = FFFFFF
|socks = FFFFFF
|title = 1989
}}
|}
{| width=50% style="font-size:85%"
|align=center bg color=#ffffff|
|
{{Football kit
|pattern_la = _rmcf9091h
|pattern_b = _rmcf9091h
|pattern_ra = _rmcf9091h
|pattern_sh = _rmcf9091h
|pattern_so = _rmcf9091h
|leftarm = FFFFFF
|body = FFFFFF
|rightarm = FFFFFF
|shorts = FFFFFF
|socks = FFFFFF
|title = 1990
}}
|
{{Football kit
|pattern_la = _rmcf9091h
|pattern_b = _rmcf9293h
|pattern_ra = _rmcf9091h
|pattern_sh = _rmcf9293h
|pattern_so = _rmcf9091h
|leftarm = FFFFFF
|body = FFFFFF
|rightarm = FFFFFF
|shorts = FFFFFF
|socks = FFFFFF
|title = 1992
}}
|
{{Football kit
|pattern_la = _rmcf9394
|pattern_b = _rmcf9394
|pattern_ra = _rmcf9394
|pattern_sh = _rmcf9293h
|pattern_so = _rmcf9394
|leftarm = FFFFFF
|body = FFFFFF
|rightarm = FFFFFF
|shorts = FFFFFF
|socks = FFFFFF
|title = 1993
}}
|
{{Football kit
|pattern_la = _rmcf9495h
|pattern_b = _rmcf9495h
|pattern_ra = _rmcf9495h
|pattern_sh = _rmcf9495h
|pattern_so = _rmcf9495h
|leftarm = FFFFFF
|body = FFFFFF
|rightarm = FFFFFF
|shorts = FFFFFF
|socks = FFFFFF
|title = 1994
}}
|
{{Football kit
|pattern_la = _rmcf9697h
|pattern_b = _rmcf9697h
|pattern_ra = _rmcf9697h
|pattern_sh = _rmcf9697h
|pattern_so = _rmcf9495h
|leftarm = FFFFFF
|body = FFFFFF
|rightarm = FFFFFF
|shorts = FFFFFF
|socks = FFFFFF
|title = 1996
}}
|
{{Football kit
|pattern_la = _rmcf9798h
|pattern_b = _rmcf9798h
|pattern_ra = _rmcf9798h
|pattern_sh = _rmcf9798h
|pattern_so = _rmcf9495h
|leftarm = FFFFFF
|body = FFFFFF
|rightarm = FFFFFF
|shorts = FFFFFF
|socks = FFFFFF
|title = 1997
}}
|
{{Football kit
|pattern_la = _rmcf9899h
|pattern_b = _real9899h
|pattern_ra = _rmcf9899h
|pattern_sh = _rmcf9899h
|pattern_so =
|leftarm = 9900CC
|body = 9900CC
|rightarm = 9900CC
|shorts = FFFFFF
|socks = FFFFFF
|title = 1998
}}
|}
{| width=50% style="font-size:85%"
|align=center bg color=#ffffff|
|
{{Football kit
|pattern_la = _rmcf0001h
|pattern_b = _rmcf0001h
|pattern_ra = _rm0001h
|pattern_sh = _rmcf0001h
|pattern_so = _rmcf0304h
|leftarm = 9900CC
|body = 9900CC
|rightarm = 9900CC
|shorts = FFFFFF
|socks = FFFFFF
|title = 2000
}}
|
{{Football kit
|pattern_la = _rmcf0102h
|pattern_b = _rmcf0102h
|pattern_ra = _rmcf0102h
|pattern_sh = _rmcf0102h
|pattern_so = _rmcf0304h
|leftarm = FFFFFF
|body = FFFFFF
|rightarm = FFFFFF
|shorts = FFFFFF
|socks = FFFFFF
|title = 2001
}}
|
{{Football kit
|pattern_la =
|pattern_b = _rmcf2002
|pattern_ra =
|pattern_sh =
|pattern_so =
|leftarm = FFFFFF
|body = FFFFFF
|rightarm = FFFFFF
|shorts = FFFFFF
|socks = FFFFFF
|title = 2002
}}
|
{{Football kit
|pattern_la = _rmcf0304
|pattern_b = _rmcf0304
|pattern_ra = _rmcf0304
|pattern_sh = _rmcf0304h
|pattern_so = _rmcf0304
|leftarm = FFFFFF
|body = FFFFFF
|rightarm = FFFFFF
|shorts = FFFFFF
|socks = FFFFFF
|title = 2003
}}
|
{{Football kit
|pattern_la = _rm0506h
|pattern_b = _rmcf0405H
|pattern_ra = _rm0506h
|pattern_sh = _rmcf0405h
|pattern_so = _rmcf0405h
|leftarm = FFFFFF
|body = FFFFFF
|rightarm = FFFFFF
|shorts = FFFFFF
|socks = FFFFFF
|title = 2004
}}
|
{{Football kit
|pattern_la = _rm0506h
|pattern_b = _rm0506h
|pattern_ra = _rm0506h
|pattern_sh = _rmcf0405h
|pattern_so =
|leftarm = FFFFFF
|body = FFFFFF
|rightarm = FFFFFF
|shorts = FFFFFF
|socks = FFFFFF
|title = 2005
}}
|
{{Football kit
|pattern_la = _realmadrid0607h
|pattern_b = _realmadrid0607h
|pattern_ra = _realmadrid0607h
|pattern_sh = _realmadrid0607h
|pattern_so = _realmadrid0607h
|leftarm = FFFFFF
|body = FFFFFF
|rightarm = FFFFFF
|shorts = FFFFFF
|socks = FFFFFF
|title = 2006
}}
|}
{| width=50% style="font-size:85%"
|align=center bg color=#ffffff|
|
{{Football kit
|pattern_la = _rmcf0708h1
|pattern_b = _rmcf0708h1
|pattern_ra = _rmcf0708h1
|pattern_sh = _rmcf0708h
|leftarm = FFFFFF
|body = FFFFFF
|rightarm = FFFFFF
|shorts = 0000FF
|socks = FFFFFF
|title = 2007
}}
|
{{Football kit
|pattern_la = _derbyc0910h
|pattern_b = _rmcf0809h
|pattern_ra = _derbyc0910h
|pattern_sh = _adidasonwhite
|pattern_so = _3_stripes_black
|leftarm = FFFFFF
|body = FFFFFF
|rightarm = FFFFFF
|shorts = 000000
|socks = FFFFFF
|title = 2008
}}
|
{{Football kit
|pattern_la = _rmcf0910h
|pattern_b = _realmadrid0910home
|pattern_ra = _rmcf0910h
|pattern_sh = _rmcf0910h2
|pattern_so = _realmadrid0910home
|leftarm = FFFFFF
|body = FFFFFF
|rightarm = FFFFFF
|shorts = 000000
|socks = FFFFFF
|title = 2009
}}
|
{{Football kit
|pattern_la = _rmcf1011h
|pattern_b = _rmcf1011h1
|pattern_ra = _rmcf1011h
|pattern_sh = _realmadrid1011home
|pattern_so = _rmcf1011h
|leftarm = FFFFFF
|body = FFFFFF
|rightarm = FFFFFF
|shorts = 000099
|socks = FFFFFF
|title = 2010
}}
|
{{Football kit
|pattern_la = _rmcf1112h
|pattern_b = _rmcf1112
|pattern_ra = _rmcf1112h
|pattern_sh = _rmcf1112h
|pattern_so = _rmcf1112h
|leftarm = FFFFFF
|body = FFFFFF
|rightarm = FFFFFF
|shorts = FFFFFF
|socks = FFFFFF
|title = 2011
}}
|
{{Football kit
|pattern_la = _rmcf1213h2
|pattern_b = _rmcf1213h4
|pattern_ra = _rmcf1213h2
|pattern_sh = _rmcf1213h
|pattern_so = _rmcf1213h
|leftarm = FFFFFF
|body = FFFFFF
|rightarm = FFFFFF
|shorts = FFFFFF
|socks = FFFFFF
|title = 2012
}}
|
{{Football kit
|pattern_la = _rmcf1314h2
|pattern_b = _rmcf1314h
|pattern_ra = _rmcf1314h2
|pattern_sh = _realmadrid1314home
|pattern_so = _rmcf1314h2
|leftarm = FFFFFF
|body = FFFFFF
|rightarm = FFFFFF
|shorts = FFFFFF
|socks = FFFFFF
|title = 2013
}}
|}
{| width=50% style="font-size:85%"
|align=center bg color=#ffffff|
|
{{Football kit
|alt =
|pattern_la = _realmadrid1415h
|pattern_b = _realmadridcf1415h
|pattern_ra = _realmadrid1415h
|pattern_so = _realmadrid1415h
|pattern_sh = _realmadrid1415h
|leftarm = FFFFFF
|body = FFFFFF
|rightarm = FFFFFF
|shorts = FFFFFF
|socks = FFFFFF
|title = 2014
}}
|
{{Football kit
|align = right
|pattern_la = _rmcf1516h
|pattern_b = _rmcf1516h
|pattern_ra = _rmcf1516h
|pattern_sh = _rmcf1516h
|pattern_so = _rmcf1516h
|leftarm = _rmcf1516h
|body = _rmcf1516h
|rightarm = _rmcf1516h
|shorts = _rmcf1516h
|socks = _rmcf1516h
|title = 2015/16
}}
|
{{Football kit
|align = right
|pattern_la = _realmadrid1617h
|pattern_b = _realmadrid1617h
|pattern_ra = _realmadrid1617h
|pattern_sh = _realmadrid1617h
|pattern_so = _realmadrid1617h
|leftarm =
|body =
|rightarm =
|shorts =
|socks =
|title = 2016/17
}}
|
{{Football kit
|align = right
|pattern_la = _realmadrid1718h
|pattern_b = _realmadrid1718h
|pattern_ra = _realmadrid1718h
|pattern_sh = _realmadrid1718h
|pattern_so = _realmadrid1718h
|leftarm =
|body =
|rightarm =
|shorts =
|socks =
|title = 2017/18
}}
|
{{Football kit
|align = right
|pattern_la = _realmadrid1920h
|pattern_b = _realmadrid1920h
|pattern_ra = _realmadrid1920h
|pattern_sh = _realmadrid1920h
|pattern_so = _realmadrid1920h
|leftarm = ffffff
|body = ffffff
|rightarm = ffffff
|shorts = ffffff
|socks = ffffff
|title = 2019
}}
|
{{Football kit
|align = right
|pattern_la = _realmadrid2021h
|pattern_b = _realmadrid2021h
|pattern_ra = _realmadrid2021h
|pattern_sh = _realmadrid2021h
|pattern_so = _realmadrid2021h
|leftarm = FFFFFF
|body = FFFFFF
|rightarm = FFFFFF
|shorts = FFFFFF
|socks = FFFFFF
|title = 2020/21
}}
|
{{Football kit
|align = right
|pattern_la = _realmadrid2122H
|pattern_b = _realmadrid2122H
|pattern_ra = _realmadrid2122H
|pattern_sh = _realmadrid2122H
|pattern_so = _realmadrid2122H
|leftarm = FFFFFF
|body = FFFFFF
|rightarm = FFFFFF
|shorts = FFFFFF
|socks = FFFFFF
|title = 2021/22
}}
|}
{| width=50% style="font-size:85%"
|align=center bg color=#ffffff|
|
{{Football kit
|align = right
|pattern_la = _realmadrid2223H
|pattern_b = _realmadrid2223H
|pattern_ra = _realmadrid2223H
|pattern_sh = _realmadrid2223H
|pattern_so = _realmadrid2223H
|leftarm = FFFFFF
|body = FFFFFF
|rightarm = FFFFFF
|short = FFFFFF
|socks = FFFFFF
|title = 2022/23
}}
|
{{Football kit
|align = right
|pattern_la = _realmadridcf2324h
|pattern_b = _realmadridcf2324h
|pattern_ra = _realmadridcf2324h
|pattern_sh = _realmadridcf2324h
|pattern_so = _realmadridcf2324hl
|leftarm = FFFFFF
|body = FFFFFF
|rightarm = FFFFFF
|short = FFFFFF
|socks = FFFFFF
|title = 2023/24
}}
|
{{Football kit
|align = right
|pattern_la = _realmadrid2425h
|pattern_b = _realmadrid2425h
|pattern_ra = _realmadrid2425h
|pattern_sh = _realmadrid2425h
|pattern_so = _realmadrid2425hl
|leftarm = FF9000
|body = FF9000
|rightarm = FF9000
|short = FF9000
|socks = FF9000
|title = 2024/25
}}
|
{{Football kit
|align = right
|pattern_la = _realmadrid2526h
|pattern_b = _realmadrid2526h
|pattern_ra = _realmadrid2526h
|pattern_sh = _realmadrid2526h
|pattern_so = _adidasonwhitel
|leftarm = FFFFFF
|body = FFFFFF
|rightarm = FFFFFF
|short = FFFFFF
|socks = 433E3A
|title = 2025/26
}}
|
{{Football kit
|align = right
|pattern_la = _realmadrid2627h
|pattern_b = _realmadrid2627h
|pattern_ra = _realmadrid2627h
|pattern_sh = _realmadrid2627h
|pattern_so = _realmadrid2627hl
|leftarm = FFFFFF
|body = FFFFFF
|rightarm = FFFFFF
|short = FFFFFF
|socks = FFFFFF
|title = 2026/27
}}
|}
==== Меҳмонӣ ====
{| width=50% style="font-size:85%"
|align=center bg color=#ffffff|
|
|{{Football kit
|pattern_la = _RM1981A
|pattern_b = _ RM1981A
|pattern_ra = _RM1981A
|pattern_sh = _RM1981A
|pattern_so =_RM1981A
|socks = 8673a1
|title = 1980}}
|{{Football kit
|pattern_la = _RM1981A
|pattern_b = _RM1982B
|pattern_ra = _RM1981A
|pattern_sh = _RM1982A
|pattern_so = _RM1981A
|socks = 8673a1
|title = 1982}}
|{{Football kit
|pattern_la = _RM1981A
|pattern_b = _RM1982A
|pattern_ra = _RM1981A
|pattern_sh = _RM1982A
|pattern_so = _RM1981A
|socks = 8673a1
|title = 1984}}
|{{Football kit
|pattern_la = _rmcf8788a
|pattern_b = _rmcf8788a
|pattern_ra = _rmcf8788a
|pattern_sh = _rmcf8788a
|pattern_so = _rmcf8788a
|socks = 0246d0
|title = 1986}}
|{{Football kit
|pattern_la = _rmcf8788a
|pattern_b = _rmcf8990a
|pattern_ra = _rmcf8788a
|pattern_sh = _rmcf8990a
|pattern_so = _rmcf8788a
|socks = 0246d0
|title = 1989}}
|{{Football kit
|pattern_la = _rmcf9293a
|pattern_b = _rmcf9293a
|pattern_ra = _rmcf9293a
|pattern_sh = _rmcf9293a
|pattern_so = _rmcf9293a
|socks = 0246d0
|title = 1992/93}}
|{{Football kit
|pattern_la = _rmcf9394a
|pattern_b = _rmcf9394a
|pattern_ra = _rmcf9394a
|pattern_sh = _rmcf9293a
|pattern_so =_rmcf9394a
|socks = 0246d0
|title = 1993/94
}}
|}
{| width=50% style="font-size:85%"
|align=center bg color=#ffffff|
|
|{{Football kit
|pattern_la = _rmcf9496A
|pattern_b = _rmcf9496a
|pattern_ra = _rmcf9496A
|pattern_sh = _rmcf9496a
|pattern_so = _rmcf9496a
|socks = 4234B5
|title = 1994/95}}
|{{Football kit
|pattern_la = _rmcf9697a
|pattern_b = _rmcf9697a
|pattern_ra = _rmcf9697a
|pattern_sh = _rmcf9697a
|pattern_so = _rmcf9697a
|socks = 362F78
|title = 1996/97}}
|{{Football kit
|pattern_la = _rmcf9798a
|pattern_b = _rmcf9798a
|pattern_ra = _rmcf9798a
|pattern_sh = _rmcf9798a
|pattern_so = _rmcf9798a
|socks = 4234B5
|title = 1997/98}}
|{{Football kit
|pattern_la = _real9899a
|pattern_b = _rmcf9899a
|pattern_ra = _real9899a
|pattern_sh = _real9899a
|pattern_so = _rmcf9899a
|socks = 0F1F5E
|title = 1998/99}}
|{{Football kit
|pattern_la = _realmadrid9900
|pattern_b = _rmcf9900a
|pattern_ra = _realmadrid9900
|pattern_sh = _rmcf9900a
|pattern_so = _rmcf9900a
|socks = 000000
|title = 1999/2001}}
|{{Football kit
|pattern_la = _rmcf0102a
|pattern_b = _rmcf0102a
|pattern_ra = _rmcf0102a
|pattern_sh = _rmcf0102a
|pattern_so = _3_stripes_white
|socks = 000000
|title = 2001/02}}
|{{Football kit
|pattern_b = _rmcf2002a1
|leftarm = 000000
|body = 000000
|rightarm = 000000
|shorts = 000000
|socks = 000000
|title = 2002/03
}}
|}
{| width=50% style="font-size:85%"
|align=center bg color=#ffffff|
|
|{{Football kit
|pattern_la = _rmcf0304a
|pattern_b = _rmcf0304A1
|pattern_ra = _rmcf0304a
|pattern_sh = _rmcf0304a
|pattern_so = _rmcf0304a
|leftarm = 000000
|body = 000000
|rightarm = 000000
|shorts = 000000
|socks = 000000
|title = 2003/04}}
|{{Football kit
|pattern_la = _saturn0708h
|pattern_b = _rmcf0405a
|pattern_ra = _saturn0708h
|pattern_sh = _adidaswhite2002
|pattern_so = _whiteline
|shorts = 0000FF
|socks = 0000FF
|title = 2004/05}}
|{{Football kit
|pattern_la = _rmcf0506a
|pattern_b = _rmcf0506a
|pattern_ra = _rmcf0506a
|pattern_sh = _rmcf0506a
|pattern_so = _rmcf0506a
|socks = 000140
|title = 2005/06}}
|{{Football kit
|pattern_la = _realmadrid0607a
|pattern_b = _realmadrid0607a
|pattern_ra = _realmadrid0607a
|pattern_sh = _realmadrid0607a
|pattern_so = _realmadrid0607a
|socks = 000000
|title = 2006/07}}
|{{Football kit
|pattern_la = _rmcf0708a
|pattern_b = _rmcf0708a
|pattern_ra = _rmcf0708a
|pattern_sh = _rmcf0708a
|pattern_so = _rmcf0708A
|socks = 000080
|title = 2007/08}}
|{{Football kit
|pattern_la = _rmcf0809a
|pattern_b = _rmcf0809a
|pattern_ra = _rmcf0809a
|pattern_sh = _adidaswhite
|pattern_so = _3_stripes_white
|shorts = 0000FF
|socks = 0000FF
|title = 2008/09}}
|{{Football kit
|pattern_la = _rmcf0910a
|pattern_b = _rmcf0910a
|pattern_ra = _rmcf0910a
|pattern_sh = _rmcf0910a
|pattern_so = _rmcf0910a
|socks = 002040
|title = 2009/10
}}
|}
{| width=50% style="font-size:85%"
|align=center bg color=#ffffff|
|
|{{Football kit
|pattern_la = _rmcf1011a
|pattern_b = _rmcf1011a
|pattern_ra = _rmcf1011a
|pattern_sh = _rmcf1011a
|pattern_so = _3_stripes_white
|socks = 001020
|title = 2010/11}}
|{{Football kit
|pattern_la = _rmcf1112a
|pattern_b = _rmcf1112a
|pattern_ra = _rmcf1112a
|pattern_sh = _rmcf1112a
|pattern_so = _rmcf1112a
|socks = 000000
|title = 2011/12}}
|{{Football kit
|pattern_la = _rmcf1213a
|pattern_b = _rmcf1213a
|pattern_ra = _rmcf1213a
|pattern_sh = _rmcf1213a
|pattern_so = _rmcf1213a
|socks = 000040
|title = 2012/13}}
|{{Football kit
|pattern_la = _rmcf1314a
|pattern_b = _rmcf1314a
|pattern_ra = _rmcf1314a
|pattern_sh = _rmcf1314a
|pattern_so = _rmcf1314a
|socks = 0159FE
|title = 2013/14}}
|{{Football kit
|pattern_la = _rmcf1415a
|pattern_b = _realmadridcf1415a
|pattern_ra = _rmcf1415a
|pattern_sh = _rmcf1415a
|pattern_so = _realmadrid1415a
|socks = EC1370
|title = 2014/15}}
|{{Football kit
|pattern_la = _rmcf1516a
|pattern_b = _rmcf1516a
|pattern_ra = _rmcf1516a
|pattern_sh = _rmcf1516a
|pattern_so = _rmcf1516a
|leftarm = B7B7B7
|body = B7B7B7
|rightarm = B7B7B7
|shorts = B7B7B7
|socks = B7B7B7
|title = 2015/16}}
|{{Football kit
|pattern_la = _rmcf1617a
|pattern_b = _rmcf1617a
|pattern_ra = _rmcf1617a
|pattern_sh = _rmcf1617a
|pattern_so = _rmcf1617a
|socks = 8449CE
|title = 2016/17
}}
|}
{| width=50% style="font-size:85%"
|align=center bg color=#ffffff|
|
|{{Football kit
|pattern_la = _realmadrid1718a
|pattern_b = _realmadrid1718a
|pattern_ra = _realmadrid1718a
|pattern_sh = _realmadrid1718a
|pattern_so = _realmadrid1718a
|socks = 000000
|title = 2017/18}}
|{{Football kit
|pattern_la = _realmadrid1819a
|pattern_b = _realmadrid1819a
|pattern_ra = _realmadrid1819a
|pattern_sh = _realmadrid1819a
|pattern_so = _realmadrid1819a
|socks = 070715
|title = 2018/19}}
|{{Football kit
|pattern_la = _realmadrid1920a
|pattern_b = _realmadrid1920a
|pattern_ra = _realmadrid1920a
|pattern_sh = _realmadrid1920a
|pattern_so = _realmadrid1920a
|socks = 021748
|title = 2019/20}}
|{{Football kit
|pattern_la = _realmadrid2021a
|pattern_b = _realmadrid2021a
|pattern_ra = _realmadrid2021a
|pattern_sh = _realmadrid2021A
|pattern_so = _realmadrid2021A
|socks = FF8789
|title = 2020/21}}
|{{Football kit
|pattern_la =_realmadrid2122A
|pattern_b = _realmadrid2122A
|pattern_ra = _realmadrid2122A
|pattern_sh = _realmadrid2122A
|pattern_so = _realmadrid2122Al
|socks = 28315C
|title = 2021/22}}
|{{Football kit
|pattern_la = _realmadridcf2223a
|pattern_b = _realmadridcf2223a
|pattern_ra = _realmadridcf2223a
|pattern_sh = _realmadridcf2223a
|pattern_so = _realmadridcf2223a
|socks = 8C89C0
|title = 2022/23}}
|
{{Football kit
|align = right
|pattern_la = _realmadridcf2324a
|pattern_b = _realmadridcf2324a
|pattern_ra = _realmadridcf2324a
|pattern_sh = _realmadridcf2324a
|pattern_so = _realmadridcf2324al
|leftarm = 000030
|body = 000030
|rightarm = 000030
|short = 000030
|socks = 000030
|title = 2023/24
}}
|}
{| width=50% style="font-size:85%"
|align=center bg color=#ffffff|
|
|{{Football kit
|align = right
|pattern_la = _realmadrid2425a
|pattern_b = _realmadrid2425a
|pattern_ra = _realmadrid2425a
|pattern_sh = _realmadrid2425a
|pattern_so = _realmadrid2425al
|leftarm = 4b4848
|body = 4b4848
|rightarm = 4b4848
|short = 4b4848
|socks = 4b4848
|title = 2024/25
}}
|
|{{Football kit
|align = right
|pattern_la = _realmadrid2526a
|pattern_b = _realmadrid2526a
|pattern_ra = _realmadrid2526a
|pattern_sh = _realmadrid2526a
|pattern_so = _realmadrid2526al
|leftarm = 262a45
|body = 262a45
|rightarm = 262a45
|short = 262a45
|socks = 262a45
|title = 2025/26
}}
|}
==== Эҳтиётӣ ====
{| width=50% style="font-size:85%"
|align=center bg color=#ffffff|
|
|{{Football kit
|pattern_la = _real9899t
|pattern_b = _real9899t
|pattern_ra = _real9899t
|pattern_sh = _real9899t
|pattern_so = _3_stripes_white
|socks = 0F1F5E
|title = 1998/99}}
|
|{{Football kit
|pattern_la = _rmcf9900t
|pattern_b = _rmcf9900t
|pattern_ra = _rmcf9900t
|pattern_sh = _rmcf9900t
|pattern_so = _rmcf9900t
|socks = 000080
|title = 1999/2001}}
|
|{{Football kit
|pattern_la = _realmadrid0102t
|pattern_b = _realmadrid0102t
|pattern_ra = _realmadrid0102t
|pattern_sh = _realmadrid0102t
|pattern_so = _3_stripes_white
|socks = 000000
|title = 2001/02}}
|
|{{Football kit
|pattern_b = _rmcf2002t
|leftarm = 400080
|body = 400080
|rightarm = 400080
|shorts = 400080
|socks = 400080
|title = 2002/03}}
|
|{{Football kit
|pattern_la = _realmadrid0304t
|pattern_b = _realmadrid0304t
|pattern_ra = _realmadrid0304t
|pattern_sh = _adidasonblack
|pattern_so = _realmadrid0304t
|socks = 000000
|title = 2003/04}}
|
|{{Football kit
|pattern_la = _brugge0304h
|pattern_b = _rmcf0405t
|pattern_ra = _brugge0304h
|pattern_sh = _adidaswhite2002
|pattern_so = _whiteline
|leftarm = 000000
|body = 000000
|rightarm = 000000
|shorts = 000000
|socks = 000000
|title = 2004/05}}
|
|{{Football kit
|pattern_la = _rmcf0506t
|pattern_b = _rmcf0506t
|pattern_ra = _rmcf0506t
|pattern_sh = _rmcf0506t
|pattern_so = _rmcf0506t
|socks = 000000
|title = 2005/06
}}
|}
{| width=50% style="font-size:85%"
|align=center bg color=#ffffff|
|
|{{Football kit
|pattern_la = _realmadrid0607t
|pattern_b = _realmadrid0607t
|pattern_ra = _realmadrid0607t
|pattern_sh = _realmadrid0607t
|pattern_so = _realmadrid0607t
|socks = 400080
|title = 2006/07}}
|
|{{Football kit
|pattern_la = _rmcf0708t
|pattern_b = _rmcf0708t
|pattern_ra = _rmcf0708t
|pattern_sh = _adidaswhite
|shorts = 404040
|socks = 404040
|title = 2007/08}}
|
|{{Football kit
|pattern_la = _derbyc0910a
|pattern_b = _rmcf0809t
|pattern_r = _derbyc0910a
|pattern_sh = _rmcf1415t
|pattern_so = _rmcf1415t
|leftarm = 000000
|body = 000000
|rightarm = 000000
|shorts = 000000
|socks = 000000
|title = 2008/09}}
|
|{{Football kit
|pattern_la = _rmcf0910t
|pattern_b = _rmcf0910t
|pattern_ra = _rmcf0910t
|pattern_sh = _rmcf0910t
|pattern_so = _galaxy11t
|socks = 000000
|title = 2009/10}}
|
|{{Football kit
|pattern_la = _rmcf1011t
|pattern_b = _rmcf1011t
|pattern_ra = _rmcf1011t
|pattern_sh = _adidaswhite
|pattern_so = _3_stripes_white
|shorts = 4B088A
|socks = 4B088A
|title = 2010/11}}
|
|{{Football kit
|pattern_la = _rmcf1112t
|pattern_b = _rmcf1112t
|pattern_ra = _rmcf1112t
|pattern_sh = _adidaswhite
|pattern_so = _mexico86h
|shorts = FF0000
|socks = FF0000
|title = 2011/12}}
|
|{{Football kit
|pattern_la = _rmcf1213t
|pattern_b = _rmcf1213t
|pattern_ra = _rmcf1213t
|pattern_sh = _rmcf1213t
|pattern_so = _rmcf1213t
|socks = 006030
|title = 2012/13
}}
|}
{| width=50% style="font-size:85%"
|align=center bg color=#ffffff|
|
|{{Football kit
|pattern_la = _rmcf1314t2
|pattern_b = _rmcf1314t2
|pattern_ra = _rmcf1314t2
|pattern_sh = _rmcf1314t2
|pattern_so = _3_stripes_black
|socks = FF5500
|title = 2013/14}}
|
|{{Football kit
|pattern_la = _rmcf1415t
|pattern_b = _realmadridcf1415t
|pattern_ra = _rmcf1415t
|pattern_sh = _rmcf1415t
|pattern_so = _rmcf1415t
|socks = 000000
|title = 2014/15}}
|
|{{Football kit
|pattern_la = _rmcf1516t
|pattern_b = _rmcf1516t
|pattern_ra = _rmcf1516t
|pattern_sh = _rmcf1516t
|pattern_so = _rmcf1516t
|leftarm = 000033
|body = 000033
|rightarm = 000033
|shorts = 000033
|socks = 000033
|title = 2015/16}}
|
|{{Football kit
|pattern_la = _rmcf1617t
|pattern_b = _rmcf1617t
|pattern_ra = _rmcf1617t
|pattern_sh = _rmcf1617t
|pattern_so = _rmcf1617t
|socks = 000000
|title = 2016/17}}
|
|{{Football kit
|pattern_la = _realmadrid1718t
|pattern_b = _realmadrid1718t
|pattern_ra = _realmadrid1718t
|pattern_sh = _realmadrid1718t
|pattern_so = _realmadrid1718t
|socks = 22A6BF
|title = 2017/18}}
|
|{{Football kit
|pattern_la = _realmadrid1819t
|pattern_b = _realmadrid1819t
|pattern_ra = _realmadrid1819t
|pattern_sh = _realmadrid1819t
|pattern_so = _realmadrid1819t
|socks = FF2828
|title = 2018/19}}
|
|{{Football kit
|pattern_la = _realmadrid1920t
|pattern_b = _realmadrid1920t
|pattern_ra = _realmadrid1920t
|pattern_sh = _rmcf201920t
|pattern_so = _rmcf201920t
|shorts = 00CC99
|socks = 00CC99
|title = 2019/20
}}
|}
{| width=50% style="font-size:85%"
|align=center bg color=#ffffff|
|
|{{Football kit
|pattern_la = _realmadridcf2021t
|pattern_b = _realmadridcf2021t
|pattern_ra = _realmadridcf2021t
|pattern_sh = _realmadridcf2021t
|pattern_so = _realmadridcf2021t
|shorts = 0F0F0F
|socks = 0F0F0F
|title = 2020/21}}
|
|{{Football kit
|pattern_b = _realmadrid2122t
|pattern_sh = _realmadrid2122t
|pattern_so = _3_stripes_white
|leftarm = 2BB6BB
|rightarm = 2BB6BB
|socks = 2BB6BB
|title = 2021/22}}
|
|{{Football kit
|pattern_la = _realmadridcf2223t
|pattern_b = _realmadridcf2223t
|pattern_ra = _realmadridcf2223t
|pattern_sh = _realmadridcf2223t
|pattern_so = _realmadridcf2223t
|socks = 000000
|title = 2022/23}}
|
|{{Football kit
|align = right
|pattern_la = _realmadridcf2324t
|pattern_b = _realmadridcf2324t
|pattern_ra = _realmadridcf2324t
|pattern_sh = _realmadridcf2324t
|pattern_so = _realmadridcf2324tl
|socks = 000000
|title = 2023/24}}
|
|{{Football kit
|align = right
|pattern_la = _realmadrid2425t
|pattern_b = _realmadrid2425t
|pattern_ra = _realmadrid2425t
|pattern_sh = _realmadrid2425t
|pattern_so = _realmadrid2425tl
|leftarm = 000000
|body = 000000
|rightarm = 000000
|shorts = 000000
|socks = 000000
|title = 2024/25
}}
|
|{{Football kit
|align = right
|pattern_la = _realmadrid2526t
|pattern_b = _realmadrid2526t
|pattern_ra = _realmadrid2526t
|pattern_sh = _adidaswhite
|pattern_so = _adidaswhitel
|leftarm = 007CE4
|body = 007CE4
|rightarm = 007CE4
|shorts = 007CE4
|socks = 007CE4
|title = 2025/26
}}
|}
=== Брендҳо ва сарпарастҳо ===
{| class="wikitable" style="text-align:center;margin-left:1em"
|-
!Давра
!Истеҳсолкунандаи либос
!Сарпарасти пироҳан
|-
|1980—1982
| rowspan="2" |{{Парчами Олмон}} [[Adidas]]
|<small>''-''</small>
|-
|1982—1985
|{{Парчами Италия (1946—2003)}} [[Zanussi]]
|-
|1985—1989
| rowspan="4" |{{Парчами Дания}} [[Hummel International|Hummel]]
|{{Парчами Италия (1946—2003)}} [[Parmalat]]
|-
|1989—1991
|{{Парчами Испания}} Reny Picot
|-
|1991—1992
|{{Парчами Испания}} Otaysa
|-
|1992—1994
| rowspan="3" |{{Парчами Олмон}} [[Teka]]
|-
|1994—1998
|{{Парчами Испания}} [[Kelme]]
|-
|1998—2001
| rowspan="8" |{{Парчами Олмон}} [[Adidas]]
|-
|2001—2002
|{{Парчами Испания}} Realmadrid.com
|-
|2002—2005
|{{Парчами Олмон}} [[Siemens mobile]]
|-
|2005—2006
|{{Парчами Олмон}} [[Siemens]]
|-
|2006—2007
|{{Парчами Олмон}} [[BenQ-Siemens]]
|-
|2007—2013
|{{Парчами Австрия}} [[Bwin]]
|-
|2013—{{Т. ҳ.}}
|{{Парчами Имороти Муттаҳидаи Арабӣ}} [[Fly Emirates]]
|}
== Рӯйхати мавсимҳо ==
{|
|valign="top" width=0%|
{| class="wide collapsible collapsed" style="text-align:center"
|- style="background:#f0f6fa;"
!'''Мавсим'''
!'''Дивизион'''
!'''Мақом'''
!'''[[Ҷоми футболи Испониё|Ҷом]]'''
!'''Мусобиқаҳои байналмилалӣ'''
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё (1929)|1929]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#efefef;"|2-юм
!style="background:#808080;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1928/1929|Финалист]]
!style="background:#efefef;"|
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1929/1930|1929/30]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#efefef;"|5-ум
!style="background:#808080;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1929/1930|Финалист]]
!style="background:#efefef;"|
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1930/1931|1930/31]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#efefef;"|6-ум
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1930/1931|1/4]]
!style="background:#efefef;"|
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1931/1932|1931/32]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#FFFF00;"|Қаҳрамон
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1931/1932|1/8]]
!style="background:#efefef;"|
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1932/1933|1932/33]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#FFFF00;"|Қаҳрамон
!style="background:#808080;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1932/1933|Финалист]]
!style="background:#efefef;"|
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1933/1934|1933/34]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#efefef;"|2-юм
!style="background:#FFFF00;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1933/1934|Ғолиб]]
!style="background:#efefef;"|
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1934/1935|1934/35]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#efefef;"|2-юм
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1934/1935|1/8]]
!style="background:#efefef;"|
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1935/1936|1935/36]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#efefef;"|2-юм
!style="background:#FFFF00;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1935/1936|Ғолиб]]
!style="background:#efefef;"|
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1939/1940|1939/40]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#efefef;"|4-ум
!style="background:#808080;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1939/1940|Финалист]]
!style="background:#efefef;"|
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1940/1941|1940/41]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#efefef;"|6-ум
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1940/1941|1/8]]
!style="background:#efefef;"|
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1941/1942|1941/42]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#efefef;"|2-юм
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1941/1942|1/4]]
!style="background:#efefef;"|
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1942/1943|1942/43]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#efefef;"|10-ум
!style="background:#808080;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1942/1943|Финалист]]
!style="background:#efefef;"|
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1943/1944|1943/44]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#efefef;"|7-ум
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1943/1944|1/8]]
!style="background:#efefef;"|
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1944/1945|1944/45]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#efefef;"|2-юм
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1944/1945|1/8]]
!style="background:#efefef;"|
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1945/1946|1945/46]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#efefef;"|4-ум
!style="background:#FFFF00;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1945/1946|Ғолиб]]
!style="background:#efefef;"|
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1946/1947|1946/47]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#efefef;"|7-ум
!style="background:#FFFF00;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1946/1947|Ғолиб]]
!style="background:#efefef;"|
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1947/1948|1947/48]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#efefef;"|11-ум
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1947/1948|1/8]]
!style="background:#efefef;"|
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1948/1949|1948/49]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#efefef;"|3-юм
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1948/1949|1/8]]
!style="background:#efefef;"|
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1949/1950|1949/50]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#efefef;"|4-ум
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1949/1950|1/2]]
!style="background:#efefef;"|
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1950/1951|1950/51]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#efefef;"|9-ум
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1950/1951|1/2]]
!style="background:#efefef;"|
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1951/1952|1951/52]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#efefef;"|3-юм
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1951/1952|1/2]]
!style="background:#efefef;"|
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1952/1953|1952/53]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#efefef;"|3-юм
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1952/1953|1/2]]
!style="background:#efefef;"|
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1953/1954|1953/54]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#FFFF00;"|Қаҳрамон
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1953/1954|1/2]]
!style="background:#efefef;"|
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1954/1955|1954/55]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#FFFF00;"|Қаҳрамон
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1954/1955|1/2]]
!style="background:#efefef;"|
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1955/1956|1955/56]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#efefef;"|3-юм
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1955/1956|1/2]]
!style="background:#FFFF00;"|{{Ҷоми Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА}}[[Ҷоми Қаҳрамонҳои Урупо 1955/1956|ҶҚ Ғолиб]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1956/1957|1956/57]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#FFFF00;"|Қаҳрамон
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1956/1957|1/4]]
!style="background:#FFFF00;"|{{Ҷоми Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА}}[[Ҷоми Қаҳрамонҳои Урупо 1956/1957|ҶҚ Ғолиб]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1957/1958|1957/58]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#FFFF00;"|Қаҳрамон
!style="background:#808080;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1957/1958|Финалист]]
!style="background:#FFFF00;"|{{Ҷоми Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА}}[[Ҷоми Қаҳрамонҳои Урупо 1957/1958|ҶҚ Ғолиб]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1958/1959|1958/59]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#efefef;"|2-юм
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1958/1959|1/2]]
!style="background:#FFFF00;"|{{Ҷоми Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА}}[[Ҷоми Қаҳрамонҳои Урупо 1958/1959|ҶҚ Ғолиб]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1959/1960|1959/60]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#efefef;"|2-юм
!style="background:#808080;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1959/1960|Финалист]]
!style="background:#FFFF00;"|{{Ҷоми Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА}}[[Ҷоми Қаҳрамонҳои Урупо 1959/1960|ҶҚ Ғолиб]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1960/1961|1960/61]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#FFFF00;"|Қаҳрамон
!style="background:#808080;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1960/1961|Финалист]]
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми Қаҳрамонҳои Урупо 1960/1961|ҶҚ 1/8]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1961/1962|1961/62]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#FFFF00;"|Қаҳрамон
!style="background:#FFFF00;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1961/1962|Ғолиб]]
!style="background:#808080;"|[[Ҷоми Қаҳрамонҳои Урупо 1961/1962|ҶҚ Финалист]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1962/1963|1962/63]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#FFFF00;"|Қаҳрамон
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1962/1963|1/2]]
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми Қаҳрамонҳои Урупо 1962/1963|ҶҚ 1/8]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1963/1964|1963/64]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#FFFF00;"|Қаҳрамон
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1963/1964|1/4]]
!style="background:#808080;"|[[Ҷоми Қаҳрамонҳои Урупо 1963/1964|ҶҚ Финалист]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1964/1965|1964/65]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#FFFF00;"|Қаҳрамон
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1964/1965|1/8]]
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми Қаҳрамонҳои Урупо 1964/1965|ҶҚ 1/4]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1965/1966|1965/66]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#efefef;"|2-юм
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1965/1966|1/4]]
!style="background:#FFFF00;"|{{Ҷоми Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА}}[[Ҷоми Қаҳрамонҳои Урупо 1965/1966|ҶҚ Ғолиб]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1966/1967|1966/67]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#FFFF00;"|Қаҳрамон
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1966/1967|1/4]]
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми Қаҳрамонҳои Урупо 1966/1967|ҶҚ 1/4]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1967/1968|1967/68]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#FFFF00;"|Қаҳрамон
!style="background:#808080;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1967/1968|Финалист]]
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми Қаҳрамонҳои Урупо 1967/1968|ҶҚ 1/2]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1968/1969|1968/69]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#FFFF00;"|Қаҳрамон
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1968/1969|1/8]]
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми Қаҳрамонҳои Урупо 1968/1969|ҶҚ 1/8]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1969/1970|1969/70]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#efefef;"|5-ум
!style="background:#FFFF00;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1969/1970|Ғолиб]]
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми Қаҳрамонҳои Урупо 1969/1970|ҶҚ 1/8]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1970/1971|1970/71]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#efefef;"|4-ум
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1970/1971|1/16]]
!style="background:#808080;"|[[Ҷоми ҷомдорони УЕФА 1970/1971|ҶҶУ Финалист]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1971/1972|1971/72]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#FFFF00;"|Қаҳрамон
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1971/1972|1/2]]
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми УЕФА 1971/1972|ҶУ 1/16]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1972/1973|1972/73]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#efefef;"|4-ум
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1972/1973|1/8]]
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми Қаҳрамонҳои Урупо 1972/1973|ҶҚ 1/2]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1973/1974|1973/74]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#efefef;"|8-ум
!style="background:#FFFF00;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1973/1974|Ғолиб]]
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми УЕФА 1973/1974|ҶУ 1/32]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1974/1975|1974/75]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#FFFF00;"|Қаҳрамон
!style="background:#FFFF00;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1974/1975|Ғолиб]]
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми ҷомдорони УЕФА 1974/1975|ҶҶУ 1/4]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1975/1976|1975/76]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#FFFF00;"|Қаҳрамон
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1975/1976|1/2]]
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми Қаҳрамонҳои Урупо 1975/1976|ҶҚ 1/2]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1976/1977|1976/77]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#efefef;"|9-ум
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1976/1977|1/16]]
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми Қаҳрамонҳои Урупо 1976/1977|ҶҚ 1/8]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1977/1978|1977/78]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#FFFF00;"|Қаҳрамон
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1977/1978|1/8]]
!style="background:#efefef;"|
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1978/1979|1978/79]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#FFFF00;"|Қаҳрамон
!style="background:#808080;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1978/1979|Финалист]]
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми Қаҳрамонҳои Урупо 1978/1979|ҶҚ 1/8]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1979/1980|1979/80]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#FFFF00;"|Қаҳрамон
!style="background:#FFFF00;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1979/1980|Ғолиб]]
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми Қаҳрамонҳои Урупо 1979/1980|ҶҚ 1/2]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1980/1981|1980/81]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#efefef;"|2-юм
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1980/1981|1/4]]
!style="background:#808080;"|[[Ҷоми Қаҳрамонҳои Урупо 1980/1981|ҶҚ Финалист]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1981/1982|1981/82]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#efefef;"|3-юм
!style="background:#FFFF00;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1981/1982|Ғолиб]]
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми УЕФА 1981/1982|ҶУ 1/4]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1982/1983|1982/83]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#efefef;"|2-юм
!style="background:#808080;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1982/1983|Финалист]]
!style="background:#808080;"|[[Ҷоми ҷомдорони УЕФА 1982/1983|ҶҶУ Финалист]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1983/1984|1983/84]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#efefef;"|2-юм
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1983/1984|1/2]]
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми УЕФА 1983/1984|ҶУ 1/32]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1984/1985|1984/85]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#efefef;"|5-ум
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1984/1985|1/8]]
!style="background:#FFFF00;"|[[Ҷоми УЕФА 1984/1985|ҶУ Ғолиб]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1985/1986|1985/86]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#FFFF00;"|Қаҳрамон
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1985/1986|1/2]]
!style="background:#FFFF00;"|[[Ҷоми УЕФА 1985/1986|ҶУ Ғолиб]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1986/1987|1986/87]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#FFFF00;"|Қаҳрамон
!style="background:#efefef;"|[[Кубок Испании по футболу 1986/1987|1/2]]
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми Қаҳрамонҳои Урупо 1986/1987|ҶҚ 1/2]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1987/1988|1987/88]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#FFFF00;"|Қаҳрамон
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1987/1988|1/2]]
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми Қаҳрамонҳои Урупо 1987/1988|ҶҚ 1/2]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1988/1989|1988/89]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#FFFF00;"|Қаҳрамон
!style="background:#FFFF00;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1988/1989|Ғолиб]]
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми Қаҳрамонҳои Урупо 1988/1989|ҶҚ 1/2]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1989/1990|1989/90]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#FFFF00;"|Қаҳрамон
!style="background:#808080;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1989/1990|Финалист]]
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми Қаҳрамонҳои Урупо 1989/1990|ҶҚ 1/8]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1990/1991|1990/91]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#efefef;"|3-юм
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1990/1991|1/8]]
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми Қаҳрамонҳои Урупо 1990/1991|ҶҚ 1/4]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1991/1992|1991/92]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#efefef;"|2-юм
!style="background:#808080;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1991/1992|Финалист]]
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми УЕФА 1991/1992|ҶУ 1/2]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1992/1993|1992/93]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#efefef;"|2-юм
!style="background:#FFFF00;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1992/1993|Ғолиб]]
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми УЕФА 1992/1993|ҶУ 1/4]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1993/1994|1993/94]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#efefef;"|4-ум
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1993/1994|1/4]]
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми ҷомдорони УЕФА 1993/1994|ҶҶУ 1/4]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1994/1995|1994/95]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#FFFF00;"|Қаҳрамон
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1994/1995|1/8]]
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми УЕФА 1994/1995|ҶУ 1/8]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1995/1996|1995/96]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#efefef;"|6-ум
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1995/1996|1/8]]
!style="background:#efefef;"|[[Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА 1995/1996|ЛҚ 1/4]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1996/1997|1996/97]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#FFFF00;"|Қаҳрамон
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1996/1997|1/8]]
!style="background:#efefef;"|
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1997/1998|1997/98]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#efefef;"|4-ум
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1997/1998|1/8]]
!style="background:#FFFF00;"|{{Ҷоми Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА}} [[Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА 1997/1998|ЛҚ Ғолиб]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1998/1999|1998/99]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#efefef;"|2-юм
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1998/1999|1/2]]
!style="background:#efefef;"|[[Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА 1998/1999|ЛҚ 1/4]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 1999/2000|1999/00]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#efefef;"|5-ум
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми футболи Испониё 1999/2000|1/4]]
!style="background:#FFFF00;"|{{Ҷоми Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА}} [[Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА 1999/2000|ЛҚ Ғолиб]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 2000/2001|2000/01]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#FFFF00;"|Қаҳрамон
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми футболи Испониё 2000/2001|1/32]]
!style="background:#efefef;"|[[Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА 2000/2001|ЛҚ 1/2]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 2001/2002|2001/02]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#efefef;"|3-юм
!style="background:#808080;"|[[Ҷоми футболи Испониё 2001/2002|Финалист]]
!style="background:#FFFF00;"|{{Ҷоми Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА}}[[Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА 2001/2002|ЛҚ Ғолиб]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 2002/2003|2002/03]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#FFFF00;"|Қаҳрамон
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми футболи Испониё 2002/2003|1/4]]
!style="background:#efefef;"|[[Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА 2002/2003|ЛҚ 1/2]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 2003/2004|2003/04]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#efefef;"|4-ум
!style="background:#808080;"|[[Ҷоми футболи Испониё 2003/2004|Финалист]]
!style="background:#efefef;"|[[Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА 2003/2004|ЛҚ 1/4]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 2004/2005|2004/05]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#efefef;"|2-юм
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми футболи Испониё 2004/2005|1/8]]
!style="background:#efefef;"|[[Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА 2004/2005|ЛҚ 1/8]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 2005/2006|2005/06]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#efefef;"|2-юм
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми футболи Испониё 2005/2006|1/2]]
!style="background:#efefef;"|[[Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА 2005/2006|ЛҚ 1/8]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 2006/2007|2006/07]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#FFFF00;"|Қаҳрамон
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми футболи Испониё 2006/2007|1/8]]
!style="background:#efefef;"|[[Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА 2006/2007|ЛҚ 1/8]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 2007/2008|2007/08]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#FFFF00;"|Қаҳрамон
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми футболи Испониё 2007/2008|1/8]]
!style="background:#efefef;"|[[Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА 2007/2008|ЛҚ 1/8]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 2008/2009|2008/09]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#efefef;"|2-юм
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми футболи Испониё 2008/2009|1/16]]
!style="background:#efefef;"|[[Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА 2008/2009|ЛҚ 1/8]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 2009/2010|2009/10]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#efefef;"|2-юм
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми футболи Испониё 2009/2010|1/16]]
!style="background:#efefef;"|[[Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА 2009/2010|ЛҚ 1/8]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 2010/2011|2010/11]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#efefef;"|2-юм
!style="background:#FFFF00;"|[[Ҷоми футболи Испониё 2010/2011|Ғолиб]]
!style="background:#efefef;"|[[Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА 2010/2011|ЛҚ 1/2]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 2011/2012|2011/12]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#FFFF00;"|Қаҳрамон
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми футболи Испониё 2011/2012|1/4]]
!style="background:#efefef;"|[[Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА 2011/2012|ЛҚ 1/2]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 2012/2013|2012/13]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#efefef;"|2-юм
!style="background:#808080;"|[[Ҷоми футболи Испониё 2012/2013|Финалист]]
!style="background:#efefef;"|[[Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА 2012/2013|ЛҚ 1/2]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 2013/2014|2013/14]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#efefef;"|3-юм
!style="background:#FFFF00;"|[[Ҷоми футболи Испониё 2013/2014|Ғолиб]]
!style="background:#FFFF00;"|{{Ҷоми Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА}}[[Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА 2013/2014|ЛҚ Ғолиб]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 2014/2015|2014/15]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#efefef;"|2-юм
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми футболи Испониё 2014/2015|1/8]]
!style="background:#efefef;"|[[Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА 2014/2015|ЛҚ 1/2]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 2015/2016|2015/16]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#efefef;"|2-юм
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми футболи Испониё 2015/2016|ҳазф баъди 1/16]]
!style="background:#FFFF00;"|{{Ҷоми Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА}}[[Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА 2015/2016|ЛҚ Ғолиб]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 2016/2017|2016/17]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#FFFF00;"|Қаҳрамон
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми футболи Испониё 2016/2017|1/4]]
!style="background:#FFFF00;"|{{Ҷоми Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА}}[[Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА 2016/2017|ЛҚ Ғолиб]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 2017/2018|2017/18]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#efefef;"|3-юм
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми футболи Испониё 2017/2018|1/4]]
!style="background:#FFFF00;"|{{Ҷоми Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА}}[[Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА 2017/2018|ЛҚ Ғолиб]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 2018/2019|2018/19]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#efefef;"|3-юм
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми футболи Испониё 2018/2019|1/2]]
! style="background:#efefef;" |[[Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА 2018/2019|ЛҚ 1/8]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 2019/2020|2019/20]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#FFFF00;"|Қаҳрамон
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми футболи Испониё 2019/2020|1/4]]
!style="background:#efefef;"|[[Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА 2019/2020|ЛҚ 1/8]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 2020/2021|2020/21]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#efefef;"|2-юм
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми футболи Испониё 2020/2021|1/16]]
!style="background:#efefef;"|[[Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА 2020/2021|ЛҚ 1/2]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 2021/2022|2021/22]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#FFFF00;"|Қаҳрамон
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми футболи Испониё 2021/2022|1/4]]
!style="background:#FFFF00;"|{{Ҷоми Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА}}[[Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА 2021/2022|ЛҚ Ғолиб]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 2022/2023|2022/23]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#efefef;"|2-юм
!style="background:#FFFF00;"|[[Ҷоми футболи Испониё 2022/2023|Ғолиб]]
!style="background:#efefef;"|[[Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА 2022/2023|ЛҚ 1/2]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 2023/2024|2023/24]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#FFFF00;"|Қаҳрамон
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми футболи Испониё 2023/2024|1/8]]
!style="background:#FFFF00;"|{{Ҷоми Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА}}[[Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА 2023/2024|ЛҚ Ғолиб]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 2024/2025|2024/25]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#efefef;"|2-юм
!style="background:#808080;"|[[Ҷоми футболи Испониё 2024/2025|Финалист]]
!style="background:#efefef;"|[[Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА 2024/2025|ЛҚ 1/4]]
|-
|style="background:#efefef;"|[[Чемпионати футболи Испониё 2025/2026|2025/26]]
|style="background:#efefef;"|[[Ла Лига|1ª]]
|style="background:#efefef;"|2-юм
!style="background:#efefef;"|[[Ҷоми футболи Испониё 2025/2026|1/8]]
!style="background:#efefef;"|[[Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА 2025/2026|ЛҚ 1/4]]
|}
|}
== Варзишгоҳ ==
Дар тӯли таърихи худ, бошгоҳи «Реал Мадрид» дар чандин варзишгоҳ бозӣ кардааст:
'''Кампо де О’Доннелл''' (1912–1923) — аввалин майдони расмии мадридиҳо, ки дар наздикии хиёбони О’Доннелл ҷойгир буд ва асосан барои бозиҳои дӯстона ва маҳаллӣ истифода мешуд.
'''Кампо де Сюдад Линеал''' (1923–1924) — яке аз варзишгоҳҳои кӯтоҳмуддати даста, ки дар маҳаллаи Сюдад Линеали Мадрид ҷойгир буд ва то оғози сохтмони варзишгоҳи Чамартин истифода мешуд.<ref>{{Cite web |title=Campo de Ciudad Lineal |url=https://en.wikipedia.org/wiki/Campo_de_Ciudad_Lineal |access-date=2025-06-03}}</ref>
'''Варзишгоҳи Чамартин''' (1924–1946) — нахустин варзишгоҳи замонавии бошгоҳ, ки [[17 май|17-уми май]]и [[соли 1924]] бо ғунҷоиши 22 500 тамошобин ифтитоҳ гардид. Он ҳамчун майдони хонагӣ барои соҳиб шудани ҷоизаҳои аввалини даста хизмат кард.<ref>{{Cite web |title=Old Chamartín Stadium |url=https://www.realmadrid.com/en/about-real-madrid/history/football-legends/chamartin |website=RealMadrid.com |access-date=2025-06-03}}</ref>
[[Акс:Boca - Real Madrid 1925.jpg|thumb|left|240px|Акси қадимӣ аз варзишгоҳи Чамартин]]
'''Чамартини нав''' (1947–1955) — бинобар зарурати доштани варзишгоҳи бузургтар, сохтмони варзишгоҳи нав оғоз ёфт, ки бо номи «Чамартини нав» шинохта мешуд. Он [[14 декабр|14-уми декабри]] [[соли 1947]] ба истифода дода шуд ва дар бозии ифтитоҳӣ «Реал Мадрид» тими портуғолии «[[Белененсеш (бошгоҳи футбол)|Белененсеш]]»-ро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод. Ғунҷоиши аввалияи он 75 145 ҷой буд.
'''[[Сантияго Бернабеу (варзишгоҳ)|Сантияго Бернабеу]]''' (аз соли 1955 {{Т. ҳ.}}) — соли 1955, варзишгоҳ ба номи президенти бошгоҳ [[Сантияго Бернабеу]] гузошта шуд. Дар тӯли даҳсолаҳо чандин навсозӣ аз сар гузаронд ва соли 2024 бо хароҷоти тақрибан 1,76 миллиард евро бозсозӣ шуд. Ғунҷоиши кунунии он 81 044 ҷой буда, дорои сақфи пӯшидашаванда, экрани 360-дараҷа ва низоми майдони ҳаракатдиҳанда мебошад.<ref>{{Cite web |title=The Santiago Bernabeu renovation |url=https://www.padmagazine.co.uk/property-renovation-refurbishment/the-santiago-bernabeu-renovation-the-future-of-footballs-most-iconic-stadium/27423/ |website=PAD Magazine |access-date=2025-06-03}}</ref>
'''[[Алфредо Ди Стефано (варзишгоҳ)|Алфредо Ди Стефано]]''' (2020–2023) — дар давраи навсозии «Сантияго Бернабеу» ва маҳдудиятҳои вобаста ба ҳамагирии COVID-19, даста бозии расмии худро дар варзишгоҳи хурдтар — «Алфредо Ди Стефано» баргузор кард, ки дар маҷмааи омӯзишӣ-тамринии «Валдебебас» ҷойгир аст.<ref>{{Cite web |title=Estadio Alfredo Di Stéfano |url=https://www.realmadrid.com/en/about-real-madrid/club-facilities/alfredo-di-stefano-stadium |website=RealMadrid.com |access-date=2025-06-03}}</ref>
[[Акс:Panoramic santiago bernabeu.jpg|thumb|left|260px|<div class="center"> Даруни варзишгоҳи «[[Сантияго Бернабеу (варзишгоҳ)|Сантияго Бернабеу]]»</div>]] [[Акс:Estadio Santiago Bernabeu - vista exterior.jpg|thumb|left|260px|<div class="center"> Намуди зоҳирӣ то бозсозӣ</div>]]
'''[[Сантияго Бернабеу (варзишгоҳ)|Сантияго Бернабеу]]'''
'''Ғунҷоиш''' — 81 044 тамошобин
'''Андозаи майдон''' — 107×72 метр
'''Нишонӣ''' — Concha Espina 1, 28036 [[Мадрид]]
== Омори иштирок дар мусобиқаҳо ==
''Тибқи 3-юми июни соли 2025''
=== Чемпионати Испониё ===
«Реал»-и Мадрид (дар баробари «[[Барселона (бошгоҳи футбол)|Барселона]]» ва «[[Атлетик Билбао (бошгоҳи футбол)|Атлетик Билбао]]») дар тамоми [[Чемпионати футболи Испониё|чемпионатҳои кишвар]] иштирок кардааст. Мақоми аввал - 36 маротиба, дуюм - 26 маротиба, сеюм - 10 маротиба, яъне дар маҷмӯъ бошгоҳ зиёда аз 70 мавсим ба қатори ҷоизадорон роҳ ёфтааст. Инчунин 8 маротиба як қадам дур аз сегона, 3 бор — панҷум, 4 маротиба — шашум, 2 бор — ҳафтум, 1 бор — ҳаштум, 2 маротиба — нӯҳум, 1 бор — даҳум ва 1 бор — ёздаҳумро ([[соли 1948]]) ишғол кардааст.
=== Мусобиқаҳои байналмилалӣ ===
{| class="wikitable sortable" style="text-align:center"
|-
!Мусобиқа!!Бозӣ!!Ғалаба!!Мусовӣ!!Бохт!!ГЗ!!ГС!!+/-!!Ғ%
|-
|align=left|[[Лигаи Қаҳрамонҳо|Ҷоми Қаҳрамонони Урупо/Лигаи қаҳрамонҳо]]
{{WDL|503|302|85|116|for=1104|against=558|diff=yes}}
|-
|align=left|[[Ҷоми ҷомдорони УЕФА]]
{{WDL|31|16|9|6|for=57||against=24|diff=yes}}
|-
|align=left|[[Лигаи Урупо УЕФА|Ҷоми УЕФА/Лигаи Урупо]]
{{WDL|64|33|10|21|for=111|against=75|diff=yes}}
|-
|align=left|[[Суперҷоми УЕФА]]
{{WDL|9|6|0|3|for=15|against=10|diff=yes}}
|-
|align=left|[[Ҷоми футболи байниқораӣ|Ҷоми байниқораӣ]]
{{WDL|7|3|1|3|for=10|against=8|diff=yes}}
|-
|align=left|[[Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо]]
{{WDL|20|16|3|1|for=51|against=23|diff=yes}}
|-
!Ҳамагӣ
{{WDLtot|634|376|108|150|for=1348|against=698|diff=yes}}
|}
== Сарвонҳои «Реал»-и Мадрид ==
[[Акс:Raúl González in Real Madrid 2009.jpg|thumb|left|250px| <div class="center">Устураи «Реал Мадрид» – [[Раул Гонсалес|Раул]]</div>]]
{|align="centre" bgcolor="#1F3B66" cellpadding="3" cellspacing="0" border="1" style="font-size: 95%; border: gold solid 1px; border-collapse: collapse;"
|- align=center bgcolor=#1F3B66 style="color:white;"
!width="250"|Бозикун
!width="220"|Фаъолият
!width="220"|Сарвонӣ
!width="150"|Шумора
!width="250"|Миқдори бозӣ
|- bgcolor="#FFFFFF"
|{{Парчами Испания (1785—1931)}} [[Феликс Кесада]]
|1922 — 1936
|1928 — 1936
|
|87 (2)
|- bgcolor="#FFFFFF"
|{{Парчами Испания (1931—1939)}} [[Хасинто Кинкосес]]
|1931 — 1942
|1936 — 1942
|
|167 (0)
|- bgcolor="#FFFFFF"
|{{Парчами Мексика (1934—1968)}} [[Хосе Рамон Сауто]]
|1933 — 1944
|1942 — 1944
|
|143 (0)
|- bgcolor="#FFFFFF"
|{{Парчами Испания (1939—1945)}} [[Хуан Ипиня]]
|1939 — 1949
|1944 — 1949
|
|302 (6)
|- bgcolor="#FFFFFF"
|{{Парчами Испания (1945—1977)}} [[Мигел Мунёс]]
|1948 — 1958
|1949 — 1958
|
|275 (24)
|- bgcolor="#FFFFFF"
|{{Парчами Испания (1945—1977)}} [[Хуан Алонсо]]
|1949 — 1961
|1958 — 1960
|
|296 (-337)
|- bgcolor="#FFFFFF"
|{{Парчами Испания (1945—1977)}} [[Хосе Мария Заррага]]
|1951 — 1962
|1960 — 1962
|
|217 (5)
|- bgcolor="#FFFFFF"
|{{Парчами Испания (1945—1977)}} [[Франсиско Хенто]]
|1953 — 1971
|1962 — 1971
|<div class="center">11</div>
|761 (253)
|- bgcolor="#FFFFFF"
|{{Парчами Испания (1945—1977)}} [[Игнасио Соко]]
|1962 — 1974
|1971 — 1974
|
|318 (8)
|- bgcolor="#FFFFFF"
|{{Парчами Испания (1945—1977)}} [[Амансио Амаро]]
|1962 — 1976
|1974 — 1976
|<div class="center">7</div>
|471 (154)
|- bgcolor="#FFFFFF"
|{{Парчами Испания (1945—1977)}} [[Пирри]]
|1964 — 1979
|1976 — 1979
|<div class="center">4</div>
|595 (210)
|- bgcolor="#FFFFFF"
|{{Парчами Испания (1977—1981)}} [[Мигел Анхел]]
|1967 — 1986
|1979 — 1986
|
|319 (-262)
|- bgcolor="#FFFFFF"
|{{Парчами Испания (1977—1981)}} [[Карлос Сантийяна]]
|1971 — 1988
|1986 — 1988
|<div class="center">9</div>
|774 (349)
|- bgcolor="#FFFFFF"
|{{Парчами Испания}} [[Хосе Антонио Камачо]]
|1973 — 1989
|1988 — 1989
|<div class="center">3</div>
|577 (11)
|- bgcolor="#FFFFFF"
|{{Парчами Испания}} [[Чендо]]
|1979 — 1998
|1989 — 1998
|<div class="center">2</div>
|497 (3)
|- bgcolor="#FFFFFF"
|{{Парчами Испания}} [[Мануэл Санчис]]
|1983 — 2001
|1988 — 2001
|<div class="center">5</div>
|710 (49)
|- bgcolor="#FFFFFF"
|{{Парчами Испания}} [[Фернандо Йерро]]
|1989 — 2003
|2001 — 2003
|<div class="center">4</div>
|601 (126)
|- bgcolor="#FFFFFF"
|{{Парчами Испания}} [[Раул Гонсалес]]
|1994 — 2010
|2003 — 2010
|<div class="center">7</div>
|854 (361)
|- bgcolor="#FFFFFF"
|{{Парчами Испания}} [[Икер Касиляс]]
|1999 — 2015
|2010 — 2015
|<div class="center">1</div>
|725 (-771)
|- bgcolor="#FFFFFF"
|{{Парчами Испания}} [[Серхио Рамос]]
|2005 — 2021
|2015 — 2021
|<div class="center">4</div>
|671 (101)
|- bgcolor="#FFFFFF"
|{{Парчами Бразилия}} [[Марсело]]
|2007 — 2022
|2021 — 2022
|<div class="center">12</div>
|546 (38)
|- bgcolor="#FFFFFF"
|{{Парчами Фаронса}} [[Карим Бензема]]
|2009 — 2023
|2022 — 2023
|<div class="center">9</div>
|648 (354)
|- bgcolor="#FFFFFF"
|{{Парчами Испания}} [[Начо Фернандес]]
|2010 — 2024
|2023 — 2024
|<div class="center">6</div>
|364 (16)
|- bgcolor="#FFFFFF"
|{{Парчами Хорватия}} [[Лука Модрич]]
|2013 — 2025
|2024 — 2025
|<div class="center">10</div>
|597 (43)
|- bgcolor="#FFFFFF"
|{{Парчами Испания}} [[Дани Карвахал]]
|2013 — 2026
|2025 — 2026
|<div class="center">2</div>
|451 (14)
|- bgcolor="#FFFFFF"
|{{Парчами Уругвай}} [[Федерико Валверде]]
|2018 — {{Т. ҳ.}}
|2026 — {{Т. ҳ.}}
|<div class="center">8</div>
|373 (41)
|}
== Ҷоизаҳо ==
=== Миллӣ ===
* [[Акс:Liga.png|15px]] '''[[Чемпионати футболи Испониё|Чемпионати Испониё]]:'''
** [[Акс:Gold medal icon.svg|15px]] '''Қаҳрамон (36, рекорд):''' 1931/32; 1932/33; 1953/54; 1954/55; 1956/57; 1957/58; 1960/61; 1961/62; 1962/63; 1963/64; 1964/65; 1966/67; 1967/68; 1968/69; 1971/72; 1974/75; 1975/76; 1977/78; 1978/79; 1979/80; 1985/86; 1986/87; 1987/88; 1988/89; 1989/90; 1994/95; 1996/97; 2000/01; 2002/03; 2006/07; 2007/08; 2011/12; 2016/17; 2019/20; 2021/22; 2023/24
** [[Акс:Silver medal icon.svg|15px]] '''Ноиби қаҳрамон (26):''' 1929; 1933/34; 1934/35; 1935/36; 1941/42; 1944/45; 1958/59; 1959/60; 1965/66; 1980/81; 1982/83; 1983/84; 1991/92; 1992/93; 1998/99; 2004/05; 2005/06; 2008/09; 2009/10; 2010/11; 2012/13; 2014/15; 2015/16; 2020/21; 2022/23; 2024/25
** [[Акс:Bronze medal icon.svg|15px]] '''Мақоми сеюм (10):''' 1948/49; 1951/52; 1952/53; 1955/56; 1981/82; 1990/91; 2001/02; 2013/14; 2017/18; 2018/19
* [[Акс:RFEF - Copa del Rey.svg|15px]] '''[[Ҷоми футболи Испониё|Ҷоми Испониё]]'''
** [[Акс:Gold medal icon.svg|15px]] '''Ғолиб (20):''' 1905; 1906; 1907; 1908; 1917; 1934; 1936; 1946; 1947; 1961/62; 1969/70; 1973/74; 1974/75; 1979/80; 1981/82; 1988/89; 1992/93; 2010/11; 2013/14; 2022/23
** [[Акс:Silver medal icon.svg|15px]] '''Финалист (21):''' 1903; 1916; 1918; 1924; 1929; 1930; 1933; 1940; 1943; 1958; 1959/60; 1960/61; 1967/1968; 1978/79; 1982/83; 1989/90; 1991/92; 2001/02; 2003/04; 2012/13; 2024/25
* [[Акс:RFEF - Supercopa de España.svg|15px]] '''[[Суперҷоми футболи Испониё|Суперҷоми Испониё]]'''
** [[Акс:Gold medal icon.svg|15px]] '''Ғолиб (13):''' 1988; 1989; 1990; 1993; 1997; 2001; 2003; 2008; 2012; 2017; 2019/20; 2021/22; 2023/24
* [[Акс:Copa Eva Duarte.png|15px]] '''[[Ҷоми Эва Дуарте]]:'''
** [[Акс:Gold medal icon.svg|15px]] '''Ғолиб:''' 1947
* [[Акс:Copa de Liga de España2.svg|15px]] '''[[Ҷоми Ла Лига]]'''
** [[Акс:Gold medal icon.svg|15px]] '''Ғолиб:''' 1984/85
** [[Акс:Silver medal icon.svg|15px]] '''Финалист:''' 1982/83
* '''[[Ҷоизаи Манкомунадо]]'''
** [[Акс:Gold medal icon.svg|15px]] '''Ғолиб (23, рекорд)''': 1904/05, 1905/06, 1906/07, 1907/08, 1909/10, 1912/13, 1915/16, 1916/17, 1917/18, 1919/20, 1921/22, 1922/23, 1923/24, 1925/26, 1926/27, 1928/29, 1929/30, 1930/31, 1931/32, 1932/33, 1933/34, 1934/35, 1935/36
=== Байналмилалӣ ===
* {{Ҷоми Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА|20px}} '''[[Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА]]'''
** [[Акс:Gold medal icon.svg|15px]] '''Ғолиб (15, рекорд):''' 1956, 1957, 1958, 1959, 1960, 1966, [[Финали Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА 1998|1998]], [[Финали Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА 2000|2000]], [[Финали Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА 2002|2002]], [[Финали Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА 2014|2014]], [[Финали Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА 2016|2016]], [[Финали Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА 2017|2017]], [[Финали Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА 2018|2018]], [[Финали Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА 2022|2022]], [[Финали Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА 2024|2024]]
** [[Акс:Silver medal icon.svg|15px]] '''Финалист (3):''' 1962, 1964, 1981
* [[Акс:Coppauefa.png|15px]] '''[[Лигаи Урупо УЕФА|Ҷоми УЕФА]]'''
** [[Акс:Gold medal icon.svg|15px]] '''Ғолиб (2):''' 1985, 1986
* [[Акс:Cup Winners Cup Trophy.png|15px]] '''[[Ҷоми ҷомдорони УЕФА]]'''
** [[Акс:Silver medal icon.svg|15px]] '''Финалист (2):''' 1971, 1983
* [[Акс:UEFA - Super Cup.png|15px]] '''[[Суперҷоми УЕФА]]'''
** [[Акс:Gold medal icon.svg|15px]] '''Ғолиб (6):''' [[Суперҷоми УЕФА 2002|2002]], [[Суперҷоми УЕФА 2014|2014]], [[Суперҷоми УЕФА 2016|2016]], [[Суперҷоми УЕФА 2017|2017]], [[Суперҷоми УЕФА 2022|2022]], [[Суперҷоми УЕФА 2024|2024]]
** [[Акс:Silver medal icon.svg|15px]] '''Финалист (3):''' [[Суперҷоми УЕФА 1998|1998]], [[Суперҷоми УЕФА 2000|2000]], [[Суперҷоми УЕФА 2018|2018]]
* [[Акс:Trofeo Copa Intercontinental 1960-2004.png|10px]] '''[[Ҷоми байниқораӣ]]'''
** [[Акс:Gold medal icon.svg|15px]] '''Ғолиб (4, рекорд):''' 1960, 1998, 2002, 2024
* '''[[Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо]]'''
** [[Акс:Gold medal icon.svg|15px]] '''Ғолиб (5, рекорд):''' [[Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо 2014|2014]], [[Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо 2016|2016]], [[Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо 2017|2017]], [[Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо 2018|2018]], [[Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо 2022|2022]]
* '''[[Ҷоми ҷаҳонии хурд]]'''
** [[Акс:Gold medal icon.svg|15px]] '''Ғолиб (2, рекорд):''' 1952, 1956
** [[Акс:Silver medal icon.svg|15px]] '''Финалист:''' 1963
* '''[[Ҷоми Лотин]]'''
** [[Акс:Gold medal icon.svg|15px]] '''Ғолиб (2):''' 1955, 1957
* '''[[Ҷоми иберо-америкоӣ]]'''
** [[Акс:Gold medal icon.svg|15px]] '''Ғолиб:''' 1994
* '''Ҷоми иберӣ'''
** [[Акс:Silver medal icon.svg|15px]] '''Финалист:''' 2000
* '''[[Ҷоми Франс Беккенбауэр]]'''
** [[Акс:Gold medal icon.svg|15px]] '''Ғолиб:''' 2010
* '''[[Ҷоми Сантияго Бернабеу]]'''
** [[Акс:Gold medal icon.svg|15px]] '''Ғолиб (28, рекорд):''' 1981, 1983, 1984, 1985, 1987, 1989, 1991, 1994, 1995, 1996, 1997, 1998, 1999, 2000, 2003, 2005, 2006, 2007, 2008, 2009, 2010, 2011, 2012, 2013, 2015, 2016, 2017, 2018
** [[Акс:Silver medal icon.svg|15px]] '''Финалист (9):''' 1980, 1986, 1988, 1990, 1992, 1993, 2001, 2002, 2004
== Рекордҳо ==
=== Рекордҳои бошгоҳ ===
''Тибқи санаи 7-уми июли соли 2025.''
* 15 ғалаба дар Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА
* 3 ғалабаи пайиҳам дар Лигаи қаҳрамонҳо
* 302 ғалаба дар бозиҳои Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА
* 43 бозии хонагӣ пайиҳам «Реал» дар Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА гол задааст<ref>{{Cite web|url=https://www.championat.com/football/news-3546265-real-ustanovil-rekord-zabiv-v-43-m-domashnem-evrokubkovom-matche-podrjad.html|title=«Реал» установил рекорд, забив в 43-м домашнем еврокубковом матче подряд|description=Прежний рекорд принадлежал «Тоттенхэм Хотспур», который с 1961 по 1984 год забивал в 42 еврокубковых матчах подряд|date=2018-09-20|publisher=Чемпионат.com|access-date=2018-10-12|archive-date=2018-10-13|archive-url=https://web.archive.org/web/20181013014611/https://www.championat.com/football/news-3546265-real-ustanovil-rekord-zabiv-v-43-m-domashnem-evrokubkovom-matche-podrjad.html|deadlink=no}}</ref>
* 36 ҷоми қаҳрамонии Испониё
* 121 гол дар як мавсими чемпионати Испониё
* 73 бозӣ пайиҳам «Реал» ҳадди ақалл як гол задааст<ref>{{Cite web|url=https://www.championat.com/football/news-2906836-rezultativnaja-serija-reala-prervalas-na-74-m-matche.html|title=Результативная серия «Реала» прервалась на 74-м матче|description=Мадридцы повторили мировой рекорд, установленный бразильским «Сантосом» в начале 60-х, но не сумели превзойти это достижение|date=2017-09-21|publisher=Чемпионат.com|access-date=2018-05-28|archive-date=2018-05-29|archive-url=https://web.archive.org/web/20180529130152/https://www.championat.com/football/news-2906836-rezultativnaja-serija-reala-prervalas-na-74-m-matche.html|deadlink=no}}</ref>
=== Рекорди бозикунҳо ===
''Тибқи санаи 7-уми июли соли 2025.''
* [[Криштиану Роналду]] — 17 гол дар як мавсими [[Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА]]
* Криштиану Роналду — 11 гол дар як мавсими марҳилаи гурӯҳии Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА
* Криштиану Роналду — 19 гол дар як соли тақвимии Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА
==== Бар асоси теъдоди бозиҳо ====
* ''Ин феҳристи бозикунонест, ки дар таърихи бошгоҳ аз ҳама бештар бозӣ кардаанд.''
* ''Тибқи санаи 7-уми июли соли 2025.''
{|align="center" bgcolor="#1F3B66" cellpadding="3" cellspacing="0" border="1" style="font-size: 95%; border: gold solid 1px; border-collapse: collapse;"
|- align=center bgcolor=#1F3B66 style="color:white;"
!width=40|№
!width=200|Ном
!width=100|Замон
!width=65|Ла Лига
!width=60|Ҷоми Шоҳ
!width=60|Ҷомҳои урупоӣ
!width=60|Дигарон
!width=80|Бозиҳо
|-
|- bgcolor="#FFFFFF"
|1||align="left"|{{Парчами Испания|20px}} {{sortname|Раул|Гонсалес}}||1994—2010||550||37||132||22||'''741'''
|-
|- bgcolor="#FFFFFF"
|2||align="left"|{{Парчами Испания|20px}} {{sortname|Икер|Касиляс}}||1999—2015||510||40||152||23||'''725'''
|-
|- bgcolor="#FFFFFF"
|3||align="left"|{{Парчами Испания|20px}} {{sortname|Мануэл|Санчис}}||1983—2001||523||67||100||20||'''710'''
|-
|- bgcolor="#FFFFFF"
|4||align="left"|{{Парчами Испания|20px}} {{sortname|Серхио|Рамос}}||2005—2021||469||48||129||25||'''671'''
|-
|- bgcolor="#FFFFFF"
|5||align="left"|{{Парчами Фаронса|20px}} {{sortname|Карим|Бензема}}||2009-2023||439||44||133||27||'''648'''
|-
|- bgcolor="#FFFFFF"
|6||align="left"|{{Парчами Испания (1945—1977)|20px}} {{sortname|Карлос|Сантийяна}}||1971—1988||461||84||87||13||'''645'''
|-
|- bgcolor="#FFFFFF"
|rowspan=2|7||align="left"|{{Парчами Испания|20px}} {{sortname|Фернандо|Йерро}}||1989—2003 ||439||49||103||16||'''607'''
|-
|- bgcolor="#FFFFFF"
|align="left"|{{Парчами Испания (1945—1977)|20px}} {{sortname|Франсиско|Хенто}}|| 1953—1971||428||74||94||6||'''602'''
|-
|- bgcolor="#FFFFFF"
|9||align="left"|{{Парчами Хорватия|20px}} {{sortname|Лука|Модрич}}||2012—2025||394||34||134||35||'''597'''
|-
|- bgcolor="#FFFFFF"
|10||align="left"|{{Парчами Испания (1945—1977)|20px}} {{sortname|Хосе Антонио|Камачо}}||1973—1989||414||61||90||12||'''577'''
|-
{{col-end}}
==== Бар асоси теъдоди голҳо ====
* ''Ин феҳристи бозикунонест, ки дар таърихи бошгоҳ аз ҳама бештар гол задаанд.''
* ''Тибқи санаи 7-уми июли соли 2025.''
{|align="center" bgcolor="#1F3B66" cellpadding="3" cellspacing="0" border="1" style="font-size: 95%; border: gold solid 1px; border-collapse: collapse;"
|- align=center bgcolor=#1F3B66 style="color:white;"
!width=40|№
!width=220|Ном
!width=100|Замон
!width=80|Голҳо
!width=80|Бозиҳо
|-
|- bgcolor="#FFFFFF"
|1||align="left"|{{Парчами Португалия|20px}} {{sortname|Криштиану|Роналду}}||2009—2018 ||'''450'''||438
|-
|- bgcolor="#FFFFFF"
|2||align="left"|{{Парчами Фаронса|20px}} {{sortname|Карим|Бензема}}||2009—2023||'''354'''||648
|-
|- bgcolor="#FFFFFF"
|3||align="left"|{{Парчами Испания|20px}} {{sortname|Раул|Гонсалес}}||1994—2010||'''323'''||741
|-
|- bgcolor="#FFFFFF"
|4||align="left"|{{Парчами Аргентина|20px}}{{Парчами Колумбия|20px}}{{Парчами Испания (1945—1977)|20px}} {{sortname|Алфредо|Ди Стефано}}||1953—1964||'''308'''||396
|-
|- bgcolor="#FFFFFF"
|5||align="left"|{{Парчами Испания (1945—1977)|20px}} {{sortname|Карлос|Сантийяна}}||1971—1988||'''290'''||645
|-
|- bgcolor="#FFFFFF"
|6||align="left"|{{Парчами Венгрия|20px}}{{Парчами Испания (1945—1977)|20px}} {{sortname|Ферентс|Пушкаш}}||1958—1966||'''242'''||262
|-
|- bgcolor="#FFFFFF"
|7||align="left"|{{Парчами Мексика|20px}} {{sortname|Уго|Санчес}}|| 1985—1992||'''208'''||282
|-
|- bgcolor="#FFFFFF"
|8||align="left"|{{Парчами Испания (1945—1977)|20px}} {{sortname|Франсиско|Хенто}}||1953—1971||'''182'''||601
|-
|- bgcolor="#FFFFFF"
|9||align="left"|{{Парчами Испания (1945—1977)|20px}} {{sortname|Пирри|}}||1964—1979||'''172'''||561
|-
|- bgcolor="#FFFFFF"
|10||align="left"|{{Парчами Испания|20px}} {{sortname|Эмилио|Бутрагенйо}}||1983—1995||'''171'''||463
{{col-end}}
== Ҳайати ҳозира ==
* ''Тибқи санаи 3-юми феврали соли 2026''
{| class="wikitable" style="text-align: center; font-size:90%"
|-
!style="background: #AAD0FF; color:white" align=center width=30 | №
!style="background: #AAD0FF; color:white" align=center width=200 | Бозигар
!style="background: #AAD0FF; color:white" align=center width=50 | Кишвар
!style="background: #AAD0FF; color:white" align=center width=200 | Рӯзи таваллуд
|-
!colspan=6 style="background: #DCDCDC; color:#000000" align=center| Дарвозабонҳо
|-
|- bgcolor=white
| 1
| [[Тибо Куртуа]]
| {{Парчами Белгия}}
| {{Зодрӯз|11|5|1992}}
|-
|- bgcolor=white
| 13
| [[Андрей Лунин]]
| {{Парчами Украина}}
| {{Зодрӯз|11|2|1999}}
|-
!colspan=6 style="background: #DCDCDC; color:#000000" align=center| Муҳофизатгарон
|-
|- bgcolor=white
| 2
| [[Дани Карвахал]] {{капитан_варзиш}}
| {{Парчами Испания}}
| {{Зодрӯз|11|1|1992}}
|-
|- bgcolor=white
| 3
| [[Эдер Милитао]]
| {{Парчами Бразилия}}
| {{Зодрӯз|18|1|1998}}
|-
|- bgcolor=white
| 4
| [[Давид Алаба]]
| {{Парчами Австрия}}
| {{Зодрӯз|24|6|1992}}
|-
|- bgcolor=white
| 12
| [[Трент Александер-Арнолд]]
| {{Парчами Англия}}
| {{Зодрӯз|7|10|1998}}
|-
|- bgcolor=white
| 17
| [[Раул Асенсио]]
| {{Парчами Испания}}
| {{Зодрӯз|13|2|2003}}
|-
|- bgcolor=white
| 18
| [[Алваро Каррерас]]
| {{Парчами Испания}}
| {{Зодрӯз|23|3|2003}}
|-
|- bgcolor=white
| 20
| [[Фран Гарсия]]
| {{Парчами Испания}}
| {{Зодрӯз|14|8|1999}}
|-
|- bgcolor=white
| 22
| [[Антонио Рӯдигер]]
| {{Парчами Олмон}}
| {{Зодрӯз|3|3|1993}}
|-
|- bgcolor=white
| 23
| [[Ферлан Менди]]
| {{Парчами Фаронса}}
| {{Зодрӯз|8|6|1995}}
|-
|- bgcolor=white
| 24
| [[Дин Ҳайсен]]
| {{Парчами Испания}}
| {{Зодрӯз|14|4|2005}}
|-
!colspan=6 style="background: #DCDCDC; color:#000000" align=center| Миёнмайдонӣ
|- bgcolor=white
| 5
| [[Ҷуд Беллингҳем]]
| {{Парчами Англия}}
| {{Зодрӯз|29|6|2003}}
|-
|- bgcolor=white
| 6
| [[Эдуардо Камавинга]]
| {{Парчами Фаронса}}
| {{Зодрӯз|10|11|2002}}
|-
|- bgcolor=white
| 8
| [[Федерико Валверде]]
| {{Парчами Уругвай}}
| {{Зодрӯз|22|7|1998}}
|-
|- bgcolor=white
| 14
| [[Урелён Чуамени]]
| {{Парчами Фаронса}}
| {{Зодрӯз|27|1|2000}}
|-
|- bgcolor=white
| 15
| [[Арда Гӯлер]]
| {{Парчами Туркия}}
| {{Зодрӯз|25|2|2005}}
|-
|- bgcolor=white
| 19
| [[Дани Себайёс]]
| {{Парчами Испания}}
| {{Зодрӯз|7|8|1996}}
|-
|- bgcolor=white
| 30
| [[Франко Мастантуоно]]
| {{Парчами Аргентина}}
| {{Зодрӯз|14|8|2007}}
|-
!colspan=6 style="background: #DCDCDC; color:#000000" align=center| Ҳамлаварон
|- bgcolor=white
| 7
| [[Винисиус Ҷуниор]]
| {{Парчами Бразилия}}
| {{Зодрӯз|12|7|2000}}
|-
|- bgcolor=white
| 9
| [[Эндрик Фелипе]]
| {{Парчами Бразилия}}
| {{Зодрӯз|21|7|2006}}
|-
|- bgcolor=white
| 10
| [[Килиан Мбаппе]]
| {{Парчами Фаронса}}
| {{Зодрӯз|20|12|1998}}
|-
|- bgcolor=white
| 11
| [[Родриго де Гоис|Родриго]]
| {{Парчами Бразилия}}
| {{Зодрӯз|9|1|2001}}
|-
|- bgcolor=white
| 16
| [[Гонсало Гарсия]]
| {{Парчами Испания}}
| {{Зодрӯз|24|3|2004}}
|-
|- bgcolor=white
| 21
| [[Браҳим Диас]]
| {{Парчами Марокаш}}
| {{Зодрӯз|3|8|1999}}
|-
|}
== Гузаришҳо 2026/2027 ==
=== Тобистони 2026 ===
=== Омаданд ===
{| class="wikitable" style="text-align: left; font-size:90%" cellpadding="3"
! width="70" |Мавқеъ
! width="200"|Бозигар
! width="200"|Бошгоҳи пешина
|-
|align="center" |[[Ҳимоятгар (футбол)|Ҳимоятгар]]||{{Парчами Испания}} [[Марк Кукурейя]]||{{Парчами Англия}} «[[Челси (бошгоҳи футбол)|Челси]]»
|-
|align="center" |[[Ҳимоятгар (футбол)|Ҳимоятгар]]||{{Парчами Фаронса}} [[Иброҳима Конате]]***||{{Парчами Англия}} «[[Ливерпул (бошгоҳи футбол)|Ливерпул]]»
|-
|align="center" |[[Ҳимоятгар (футбол)|Ҳимоятгар]]||{{Парчами Нидерланд}} [[Дензел Думфрис]]||{{Парчами Италия}} «[[Интер (бошгоҳи футбол)|Интер]]»
|-
|align="center" |[[Нимҳимоятгар (футбол)|Миёнмайдон]]||{{Парчами Португалия}} [[Бернарду Силва]]***||{{Парчами Англия}} «[[Манчестер Сити]]»
|-
|align="center" |[[Ҳамлагар (футбол)|Ҳамлагар]]||{{Парчами Пуэрто-Рико}} [[Ҷереми де Леон]]**||{{Парчами Испания}} «[[Эркулес (бошгоҳи футбол)|Эркулес]]»
|-
|align="center" |[[Ҳамлагар (футбол)|Ҳамлагар]]||{{Парчами Бразилия}} [[Эндрик Фелипе]]**||{{Парчами Фаронса}} «[[Олимпик Лион (бошгоҳи футбол)|Олимпик Лион]]»
|-
|align="center" |Сармураббӣ||{{Парчами Португалия}} [[Ҷозе Моуринё]]||{{Парчами Португалия}} «[[Бенфика (бошгоҳи футбол)|Бенфика]]»
|-
|}
=== Рафтанд ===
{| class="wikitable" style="text-align: left; font-size:90%" cellpadding="3"
! width="70" |Мавқеъ
! width="200"|Бозигар
! width="200"|Бошгоҳи оянда
|-
|align="center" |[[Ҳимоятгар (футбол)|Ҳимоятгар]]||{{Парчами Австрия}} [[Давид Алаба]]***||''[[Бозикуни озод]]''
|-
|align="center" |[[Ҳимоятгар (футбол)|Ҳимоятгар]]||{{Парчами Испания}} [[Дани Карвахал]]***||''[[Бозикуни озод]]''
|-
|align="center" |[[Ҳимоятгар (футбол)|Ҳимоятгар]]||{{Парчами Испания}} [[Марио Мартин]]||{{Парчами Испания}} «[[Хетафе (бошгоҳи футбол)|Хетафе]]»
|-
|align="center" |[[Ҳимоятгар (футбол)|Ҳимоятгар]]||{{Парчами Испания}} [[Фран Гарсия]]||{{Парчами Испания}} «[[Реал Бетис (бошгоҳи футбол)|Реал Бетис]]»
|-
|align="center" |[[Нимҳимоятгар (футбол)|Миёнмайдон]]||{{Парчами Испания}} [[Дани Себайёс]]***||''[[Бозикуни озод]]''
|-
|align="center" |Сармураббӣ||{{Парчами Испания}} [[Алваро Арбелоа]]||{{Парчами Англия}} «[[Фулҳем (бошгоҳи футбол)|Фулҳем]]»
|-
|}
<small>* Ба иҷора </small> <br>
<small>** Аз иҷора </small> <br>
<small>*** [[Бозикуни озод]] </small>
== Шахсиятҳо ==
=== Ситоди мураббиён ===
[[Акс:Mourinho Madrid.jpg|thumb|left|250px| <div class="center">Сармураббии «Реал Мадрид» – [[Ҷозе Моуринё]]</div>]]
{| class="wikitable" cellpadding="3" style="text-align: left;"
|-
! Вазифа !! Ном
|-
|Сармураббӣ || {{Парчами Португалия}} [[Ҷозе Моуринё]]
|-
| rowspan="3" |Дастёрони сармураббӣ
| {{Парчами Португалия}} [[Жоау Тралян]]
|-
| {{Парчами Португалия}} [[Педру Мачаду]]
|-
| {{Парчами Олмон}} [[Сами Хедира]]
|-
|Мураббии дарвозабонҳо || {{Парчами Португалия}} Нуну Сантуш
|-
|Мураббии бадансоз || {{Парчами Португалия}} [[Антониу Диаш]]
|-
|Мураббии омодагии ҷисмонӣ || {{Парчами Италия}} [[Антонио Пинтус]]
|-
|Мутахассиси илми варзишӣ || {{Парчами Португалия}} Сандру Каррису
|-
|Роҳбари шуъбаи таҳлил || {{Парчами Италия}} Роберто Мерелла
|}
* <small>''Тибқи санаи 10-уми июли соли 2026''</small>
* <small>''Сарчашма: БФ Реал Мадрид''<ref>{{cite web|url=https://www.realmadrid.com/en-US/football/first-team/players|title=Ситоди мураббиён|website=Real Madrid CF|access-date=15 July 2026}}</ref></small>
=== Феҳристи сармураббиён ===
{|
|valign="top"|
* {{Парчами Ирландия}} [[Артур Ҷонсон]] (1910—1920)
* {{Парчами Испания}} [[Хуан де Карсер]] (1920—1926)
* {{Парчами Испания}} [[Педро Лйоренте]] (1926)
* {{Парчами Испания}} [[Сантияго Бернабеу]] (1926—1927)
* {{Парчами Испания}} [[Хосе Берраондо]] (1927—1929)
* {{Парчами Испания}} [[Хосе Киранте]] (1929—1930)
* {{Парчами Венгрия}} [[Липпо Ҳертска]] (1930—1932)
* {{Парчами Австрия}} [[Роберт Фирст]] (1932—1934)
* {{Парчами Испания}} [[Франсиско Бру]] (1934—1941)
* {{Парчами Испания}} [[Хуан Армет]] (1941—1943)
* {{Парчами Испания}} [[Рамон Энсинас]] (1943—1945)
* {{Парчами Испания}} [[Хасинто Кинкосес]] (1945—1946, 1947—1948)
* {{Парчами Испания}} [[Балтасар Албенис]] (1946—1947, 1950—1951)
* {{Парчами Англия}} [[Майкл Кипинг]] (1948—1950)
* {{Парчами Уругвай}} [[Эктор Скароне]] (1951—1952)
* {{Парчами Испания}} [[Хуан Антонио Ипиня]] (1952—1953)
* {{Парчами Уругвай}} [[Энрике Фернандес Виола|Энрике Фернандес]] (1953—1954)
* {{Парчами Испания}} [[Хосе Вилялонга]] (1954—1957)
* {{Парчами Аргентина}} [[Луис Карниглия]] (1957—1959; 1959)
* {{Парчами Испания}} [[Мигел Мунёс]] (1959; 1960—1974)
* {{Парчами Парагвай}} [[Мануэл Флейтас Солич|Мануэл Флейтас]] (1959—1960)
* {{Парчами Испания}} [[Луис Моловнй|Луис Моловни]] (1974; 1977—1979; 1982; 1985—1986)
* {{Парчами Югославия (1945-1991)}} [[Милян Милянич]] (1974—1977)
* {{Парчами Югославия (1945-1991)}} [[Вуядин Бошков]] (1979—1982)
* {{Парчами Испания}} {{Парчами Аргентина}} {{Парчами Колумбия}} [[Алфредо Ди Стефано]] (1982—1984; 1990—1991)
* {{Парчами Испания}} [[Амансио Амаро]] (1984—1985)
* {{Парчами Нидерланд}} [[Лео Беенҳаккер]] (1986—1989; 1992)
|valign="top"|
* {{Парчами Вэлс}} [[Ҷон Тошак]] (1989—1990; 1999)
* {{Парчами Югославия (1945—1991)}} {{Парчами Югославия (1992—2003)}} [[Радомир Антич]] (1991—1992)
* {{Парчами Испания}} [[Бенито Флоро]] (1992—1994)
* {{Парчами Испания}} [[Висенте Дел Боске]] (1994; 1996; 1999—2003)
* {{Парчами Аргентина}} [[Хорхе Валдано]] (1994—1996)
* {{Парчами Испания}} [[Арсенио Иглесиас]] (1996)
* {{Парчами Италия}} [[Фабио Капелло]] (1996—1997; 2006—2007)
* {{Парчами Олмон}} [[Юпп Ҳайнкес]] (1997—1998)
* {{Парчами Нидерланд}} [[Гус Ҳиддинк]] (1998—1999)
* {{Парчами Португалия}} [[Карлуш Кейруш]] (2003—2004)
* {{Парчами Испания}} [[Хосе Антонио Камачо]] (2004)
* {{Парчами Испания}} [[Мариано Гарсия Ремон]] (2004)
* {{Парчами Бразилия}} [[Вандерлей Лушембурго]] (2004—2005)
* {{Парчами Испания}} [[Хуан Рамон Лопес Каро]] (2005—2006)
* {{Парчами Олмон}} [[Бернд Шустер]] (2007—2008)
* {{Парчами Испания}} [[Хуанде Рамос]] (2008—2009)
* {{Парчами Чили}} [[Мануэл Пеллегрини]] (2009—2010)
* {{Парчами Португалия}} [[Ҷозе Моуринё]] (2010—2013, 2026—{{Т. ҳ.}})
* {{Парчами Италия}} [[Карло Анчелотти]] (2013—2015, 2021—2025)
* {{Парчами Испания}} [[Рафаэл Бенитес]] (2015—2016)
* {{Парчами Фаронса}} [[Зайниддин Зидон]] (2016—2018; 2019—2021)
* {{Парчами Испания}} [[Хулен Лопетеги]] (2018)
* {{Парчами Аргентина}} [[Сантияго Солари]] (2018—2019)
* {{Парчами Испания}} [[Хаби Алонсо]] (2025—2026)
* {{Парчами Испания}} [[Алваро Арбелоа]] (2026)
|}
=== Феҳристи президентҳои бошгоҳ ===
{|align="centre" bgcolor="#1F3B66" cellpadding="3" cellspacing="0" border="1" style="font-size: 95%; border: gold solid 1px; border-collapse: collapse;"
|- align=center bgcolor=#1F3B66 style="color:white;"
!width="200"|Солҳо
!width="220"|Президент
|- bgcolor="#FFFFFF"
|align=center|2009—{{Т. ҳ.}}
|align=left|{{Парчами Испания|20px}} '''[[Флорентино Перес]]'''
|- bgcolor="#FFFFFF"
|align=center|2006—2009
|align=left|{{Парчами Испания|20px}} '''[[Рамон Калдерон]]'''
|- bgcolor="#FFFFFF"
|align=center|2000—2006
|align=left|{{Парчами Испания|20px}} '''[[Флорентино Перес]]'''
|- bgcolor="#FFFFFF"
|align=center|1995—2000
|align=left|{{Парчами Испания|20px}} '''[[Лоренсо Санс]]'''<ref>[https://lenta.ru/news/2020/03/22/rip/ Собиқ президенти «Реал» [[Дунёгирии COVID-19|аз коронавирус]] даргузашт] // 22 марти 2020</ref>
|- bgcolor="#FFFFFF"
|align=center|1985—1995
|align=left|{{Парчами Испания|20px}} '''[[Рамон Мендоса]]'''
|- bgcolor="#FFFFFF"
|align=center|1978—1985
|align=left|{{Парчами Испания|20px}} '''[[Луис де Карлос]]'''
|- bgcolor="#FFFFFF"
|align=center|1943—1978
|align=left|{{Парчами Испания (1945—1977)|20px}} '''[[Сантияго Бернабеу]]'''
|- bgcolor="#FFFFFF"
|align=center|1940—1943
|align=left|{{Парчами Испания (1939—1945)|20px}} '''[[Антонио Сантос Пералба]]'''
|- bgcolor="#FFFFFF"
|align=center|1936—1940
|align=left|{{Парчами Испания (1939—1945)|20px}} '''[[Адолфо Мелендес]]'''
|- bgcolor="#FFFFFF"
|align=center|1930—1935
|align=left|{{Парчами Испания (1931—1939)|20px}} '''[[Луис Усера]]'''
|- bgcolor="#FFFFFF"
|align=center|1926—1930
|align=left|{{Парчами Испания (1785—1931)|20px}} '''[[Луис де Уркихо]]'''
|- bgcolor="#FFFFFF"
|align=center|1916—1926
|align=left|{{Парчами Испания (1785—1931)|20px}} '''[[Педро Парахес]]'''
|- bgcolor="#FFFFFF"
|align=center|1908—1916
|align=left|{{Парчами Испания (1785—1931)|20px}} '''[[Адолфо Мелендес]]'''
|- bgcolor="#FFFFFF"
|align=center|1904—1908
|align=left|{{Парчами Испания (1785—1931)|20px}} '''[[Карлос Падрос]]'''
|- bgcolor="#FFFFFF"
|align=center|1902—1904
|align=left|{{Парчами Испания (1785—1931)|20px}} '''[[Хуан Падрос]]'''
|- bgcolor="#FFFFFF"
|align=center|1900—1902
|align=left|{{Парчами Испания (1785—1931)|20px}} '''[[Хулиан Паласиос]]'''
|}
== Молия ва дороӣ ==
Бошгоҳи «Реал Мадрид» дар даврони аввалини раёсати [[Флорентино Перес]] (солҳои 2000–2006) ҳадафгузорӣ кард, ки ба сарватмандтарин бошгоҳи ҳирфаии футболи ҷаҳон табдил шавад<ref>{{cite news| title=Perez resigns as Real Madrid president| url=http://news.bbc.co.uk/sport2/hi/football/europe/4757112.stm| publisher=BBC| access-date=11 December 2008| date=27 February 2006| archive-date=3 February 2019| archive-url=https://web.archive.org/web/20190203171959/http://news.bbc.co.uk/sport2/hi/football/europe/4757112.stm| url-status=live}}</ref>. [[Соли 2001]], бахше аз замини тамринии бошгоҳ ба шаҳрдории Мадрид вогузор шуд ва бахши дигари он ба ширкатҳои Repsol YPF, Mutua Automovilística de Madrid, Sacyr Vallehermoso ва OHL фурӯхта шуд. Фурӯши ин заминҳо қарзи 270 миллионевроии бошгоҳро пурра пардохт кард ва имкони ҷазби бозикунони гаронарзише чун [[Зайниддин Зидон]], [[Луиш Фигу]], [[Роналдо]] ва [[Дэвид Бекҳэм]]ро фароҳам намуд.
Шаҳрдорӣ пештар корбарии заминро барои сохтмон тағйир дода буд, ки ҳамин амр боиси афзоиши арзиши он шуд. Сипас, Комиссиюни Урупо таҳқиқе оғоз кард, ки мушаххас шавад оё баҳои пардохтшуда беш аз ҳад набуда ва ба унвони кӯмаки молии ғайриқонунии давлатӣ ҳисоб намешавад.
Даромади ҳосил аз фурӯши замин сарфи сохти маҷмааи тамринии замонавӣ дар канораҳои Мадрид шуд. Бо он ки сиёсатҳои Перес боиси рушди молии бошгоҳ гашт ва аз зарфияти бозоргии он, бавижа дар [[Осиё]] ба хубӣ баҳрабардорӣ шуд, аммо ба далели тамаркуз беш аз ҳад ба тиҷорат ва бренд ба ҷои натиҷаҳои варзишӣ, мавриди интиқод қарор гирифт.
Дар моҳи сентябри соли 2007, «Реал Мадрид» аз тарафи оҷонсии BBDO ба унвони арзишмандтарин бренди футболи Урупо шинохта шуд. Дар [[соли 2008]], арзиши он 951 миллион евро баровард шуд ва пас аз бошгоҳи «[[Манчестер Юнайтед]]» дар ҷойгоҳи дуюм қарор гирифт. Дар соли 2010 бошгоҳ бештарин ҳаҷми даромадро дар миёни бошгоҳҳои футболи ҷаҳон дошт.
Бар пояи пажӯҳиши [[Донишгоҳи Ҳарвард]], «Реал Мадрид» яке аз 20 бренди шинохташудаи ҷаҳон аст, ки ҳатто бозикунони он низ ба унвони чеҳраҳои маъруфи тиҷорӣ шинохта мешаванд. Шумори ҳаводорони бошгоҳ дар саросари ҷаҳон ҳудуди 287 миллион нафар тахмин мешавад.
Дар соли 2010, маҷаллаи Forbes арзиши бошгоҳро 992 миллион евро (1.323 миллиард доллари ИМА) арзёбӣ карда, онро баъд аз бошгоҳи «[[Манчестер Юнайтед]]» дар ҷои дуюм гузошт<ref>{{cite news |url=https://www.forbes.com/lists/2010/34/soccer-10_Soccer-Team-Valuations_Rank.html |title=Soccer Team Valuations |work=Forbes |date=2009-06-30 |accessdate=2010-08-07 |archivedate=2011-03-01 |archiveurl=https://web.archive.org/web/20110301233843/http://www.forbes.com/lists/2010/34/soccer-10_Soccer-Team-Valuations_Rank.html }}</ref>. Дар ҳамон сол, мувофиқи гузориши Deloitte, даромади бошгоҳ 401 миллион евро буд, ки дар рутбаи нахусти ҷаҳон қарор дошт<ref>{{cite web |url=http://www.deloitte.com/view/en_GB/uk/industries/sportsbusinessgroup/d039400401a17210VgnVCM100000ba42f00aRCRD.htm |title=Real Madrid becomes the first sports team in the world to generate €400m in revenues as it tops Deloitte Football Money League |publisher=Deloitte |date= |accessdate=2010-08-07 |archive-date=2010-08-05 |archive-url=https://web.archive.org/web/20100805224812/http://www.deloitte.com/view/en_GB/uk/industries/sportsbusinessgroup/d039400401a17210VgnVCM100000ba42f00aRCRD.htm |url-status=live |archivedate=2010-08-05 |archiveurl=https://web.archive.org/web/20100805224812/http://www.deloitte.com/view/en_GB/uk/industries/sportsbusinessgroup/d039400401a17210VgnVCM100000ba42f00aRCRD.htm }}</ref>.
«Реал Мадрид» як анҷумани сабтшуда (асосан варзишӣ) мебошад ва ба аъзои худ («socio»-ҳо) тааллуқ дорад. Ин аъзо, ки солона ҳаққи узвият пардохт мекунанд, президенти бошгоҳро аз тариқи раъйдиҳӣ интихоб мекунанд. Президент иҷоза надорад аз сармояи шахсии худ истифода кунад ва бошгоҳ аз ҳисоби даромади худ идора мешавад<ref>{{cite web |url=http://soccernet.espn.go.com/columns/story?id=654437&sec=transfersopinion&root=transfersopinion&cc=5739 |title=How Real Madrid can afford their transfer spending splurge? – ESPN Soccernet |publisher=Soccernet.espn.go.com |date=2009-06-12 |accessdate=2012-07-04 |archive-date=2009-06-15 |archive-url=https://web.archive.org/web/20090615020900/http://soccernet.espn.go.com/columns/story?id=654437&sec=transfersopinion&root=transfersopinion&cc=5739 |url-status=live |archivedate=2009-06-15 |archiveurl=https://web.archive.org/web/20090615020900/http://soccernet.espn.go.com/columns/story?id=654437&sec=transfersopinion&root=transfersopinion&cc=5739 }}</ref><ref>{{книга |заглавие=Handbook on the economics of sport |издательство={{Нп3|Edward Elgar Publishing}} |год=2006 |isbn=1-84376-608-6 |страницы=299 |язык=und |автор=Andreff, Wladimir; Szymański, Stefan}}</ref>. Тибқи омори соли 2010, бошгоҳ 60 000 узви расмӣ дорад<ref>{{cite web|title=Real Madrid drama. The oldest supporter died|url=http://www.ziare.com/real-madrid/suporteri/drama-la-real-madrid-a-murit-cel-mai-vechi-suporter-998175|publisher=ziare.com|year=2010|lang=ro|accessdate=2010-09-21|archive-date=2014-07-02|archive-url=https://web.archive.org/web/20140702113813/http://www.ziare.com/real-madrid/suporteri/drama-la-real-madrid-a-murit-cel-mai-vechi-suporter-998175|url-status=live}}</ref>.
Дар поёни фасли 2009/10, қарзи софи бошгоҳ 244,6 миллион евро буд, ки нисбат ба соли қаблӣ 82,1 миллион евро коҳиш ёфт. Пас аз фасли 2010/11, ин нишондод то 170 миллион евро поин рафт<ref>{{cite web |url=http://www.realmadrid.com/cs/Satellite/en/Actualidad/1330091096621/noticia/ComunicadoOficial/Official_Announcement_2012-03-14.htm |title=Real Madrid C.F. – Official Web Site – Official Announcement |publisher=Realmadrid.com |date=2012-03-14 |accessdate=2012-07-04 |archiveurl=https://web.archive.org/web/20130928065352/http://www.realmadrid.com/cs/Satellite/en/Actualidad/1330091096621/noticia/ComunicadoOficial/Official_Announcement_2012-03-14.htm |archivedate=2013-09-28 |url-status=dead }}</ref>. Аз соли 2007 то 2011, бошгоҳи «Шоҳона» 190 миллион евро фоидаи соф ба даст овард<ref name="blogspot1">{{cite web |author=The Swiss Rambler |url=http://swissramble.blogspot.ie/2011/06/real-madrid-and-financial-fair-play.html |title=The Swiss Ramble: Real Madrid And Financial Fair Play |publisher=Swissramble.blogspot.ie |date=2011-06-21 |accessdate=2012-07-04 |archive-date=2012-11-14 |archive-url=https://web.archive.org/web/20121114043046/http://swissramble.blogspot.ie/2011/06/real-madrid-and-financial-fair-play.html |url-status=live }}</ref><ref>{{cite web |url=http://www.realmadrid.com/cs/Satellite/en/1330066580018/noticia/Noticia/Real_Madrid_s_annual_turnover_amounts_to_480.2_million_euros,_showing_an_8.6%25_increase_over_the_.htm |title=Real Madrid C.F. – Official Web Site – Real Madrid's annual turnover amounts to €480.2 million, showing an 8.6% increase over the previous financial year |publisher=Realmadrid.com |date=2011-09-16 |accessdate=2012-07-04 |archiveurl=https://web.archive.org/web/20130606085658/http://www.realmadrid.com/cs/Satellite/en/1330066580018/noticia/Noticia/Real_Madrid_s_annual_turnover_amounts_to_480.2_million_euros,_showing_an_8.6%_increase_over_the_.htm |archivedate=2013-06-06 |url-status=dead }}</ref>.
Дар мавсими 2009/10, бошгоҳ аз ҳисоби фурӯши билетҳо 150 миллион евро даромад касб кард. Ҳамчунин, теъдоди фурӯши солонаи пироҳанҳои даста то 1,5 миллион адад мерасид. Маҷмӯи дастмузди тим дар фасли 2010/11 169 миллион евро буд. [[Соли 2013]], Forbes «Каҳкашониҳо»-ро бо арзиши 3,3 миллиард доллар гаронбаҳотарин бошгоҳи варзишии ҷаҳон муаррифӣ кард. То соли 2022, ин нишондод ба 5,1 миллиард доллар афзоиш ёфт.
== Футболбозони беҳтарин дар таърих ==
<gallery caption="" 'футболбозони="" беҳтарин="" дар="" таърих'''="" widths="150px" heights="150px" class="center">
Mcu Alfredo Di Stefano.jpg|[[Алфредо Ди Стефано]]
Kopa, Franse vortballer.jpg|[[Раймон Копа]]
Ferenc Puskás.jpg|[[Ферентс Пушкаш]]
Francisco 'Paco' Gento en 1966.jpg|[[Франсиско Хенто]]
Raul Gonzalez 10mar2007 (cropped).jpg|[[Раул (футболбоз)|Раул]]
CasillasReal cropped.jpg|[[Икер Касиляс]]
UEFA TT 7209.jpg|[[Луиш Фигу]]
Zinedine Zidane (cropped).JPG|[[Зайниддин Зидон]]
Ronaldo 2002 cropped.jpg|[[Роналдо]]
Roberto-carlos-wikipedia-2021.png|[[Роберто Карлос]]
David-Beckham3.jpg|[[Дэвид Бекҳэм]]
Fabio Cannavaro Real Madrid.jpg|[[Фабио Каннаваро]]
SergioRamos.jpg|[[Серхио Рамос]]
C. Ronaldo - Ballon d'Or 2014.jpg|[[Криштиану Роналду]]
Karim Benzema 2018.jpg|[[Карим Бензема]]
Luka Modric 2015.jpg|[[Лука Модрич]]
Liver-RM (2) (cropped).jpg|[[Гарет Бейл]]
Toni Kroos Real Madrid 2021.jpg|[[Тони Кроос]]
</gallery>
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
== Адабиёт ==
* {{китоб |унвон=Real Madrid |нашриёт=Aréna 2000 |сол=2002 |isbn=963-86167-5-X |забон=und |муаллиф=Dénes, Tamás; Rochy, Zoltán}}
* {{китоб |унвон=Morbo: The Story of Spanish Football |ссылка=https://archive.org/details/morbostoryofspan0000ball |нашриёт=WSC Books Limited |год=2003 |нашр=New |isbn=0-9540134-6-8 |забон=und |муаллиф=Ball, Phil}}
* {{китоб |унвон=White Storm: The Story of Real Madrid |пайванд=https://archive.org/details/whitestorm100yea0000ball |нашриёт=Mainstream |сол=2003 |isbn=1-84018-763-8 |забон=und |муаллиф=Ball, Phil}}
* {{китоб |унвон=El Macca: Four Years with Real Madrid |нашриёт=[[Simon & Schuster]] |сол=2003 |isbn=0-7434-8920-9 |забон=und |муаллиф=McManaman, Steve; Edworthy, Sarah}}
* {{китоб |унвон=Real Madrid: Cien años de leyenda, 1902–2002 |нашриёт=Everest |сол=2002 |isbn=84-241-9215-X |забон=es |муаллиф=Luis Miguel González; Luis González López; Fundación Real Madrid}}
* {{китоб |унвон=The Real Madrid Way: How Values Created the Most Successful Sports Team on the Planet |нашриёт={{Нп3|BenBella Books}} |сол=2016 |isbn=978-1942952541 |забон=en |муаллиф={{Нп3|Steven Mandis|Mandis, Steven G.|en|Steven Mandis}}}}
== Пайвандҳо ==
* [http://www.realmadrid.com Сомонаи расмии бошгоҳи футболи «Реал Мадрид»]{{ref|en}}{{ref|es}}{{ref|ja}}{{ref|ar}}
* [http://www.laliga.es/en/laliga-santander/real-madrid БФ «Реал Мадрид»] дар [[Ла Лига]]{{ref|en}}{{ref|es}}
* [http://www.uefa.com/teamsandplayers/teams/club=50051/profile/index.html БФ «Реал Мадрид»] дар [[УЕФА]]
{{Пайвандҳои беруна}}
{{Ҳайати БФ Реал Мадрид}}
{{Мураббиёни БФ Реал Мадрид}}
{{Реал Мадрид}}
{{Бозиҳои БФ Реал Мадрид}}
{{Мавсимҳои БФ Реал Мадрид}}
{{Қаҳрамонҳои футболи Испониё}}
{{Дорандагони Суперҷоми Урупо}}
{{Ғолибони Ҷоми байниқитъавӣ}}
{{Ғолибони Лигаи Урупо УЕФА}}
{{Чемпионати футболи Испониё}}
{{Ғолибони Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА}}
{{Бошгоҳҳо-бунёнгузорони ИБУ}}
{{Ғолибони ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо}}
[[Гурӯҳ:Бошгоҳҳои футболӣ]]
[[Гурӯҳ:Бошгоҳҳои футбол, таъсисёфта дар соли 1902]]
[[Гурӯҳ:Бошгоҳҳои футболи Испониё]]
[[Гурӯҳ:Бошгоҳҳои варзишии Мадрид]]
[[Гурӯҳ:БФ «Реал Мадрид»| ]]
88ya9r9h7lepvkce51v3egf0oehteci
Хром
0
146359
1482035
1414891
2026-07-26T04:18:44Z
InternetArchiveBot
30618
Rescuing 1 sources and tagging 0 as dead.) #IABot (v2.0.9.5
1482035
wikitext
text/x-wiki
{{Варақаи хром}}
{{Унсури ҷадвали даврӣ
|align=center
|number=24
|fontsize=100%
}}
'''Хром''' — [[Элементҳои кимёӣ|унсури кимиёии]] зергурӯҳи 6-уми гурӯҳи 4-и [[Ҷадвали даврии элементҳои кимёӣ|ҷадвали даврии элементҳои кимиёии]] [[Дмитрий Менделеев|Д. И. Менделеев]] рақами атомӣ — 24, массаи атомӣ — 51,9. Бо рамзи '''Cr''' ({{Забон-ла|Chromium}}) ифода мешавад. Металли сафеди ҷилодор
== Таърих ==
Соли 1797 аз ҷониби Л.Н. Воклен дар дохили маъдани крокоит кашф карда шудааст.
== Истифодабарӣ дар саноат ==
Дар саноати металлгудозӣ барои ҳосил кардани пӯлоди баландсифат истифода мешавад. Пайвастҳои хром (оксидҳо ва намакҳои кислотаи хром)-ро дар саноати чарм ҳангоми руйпуш кардани маснуот, барои ҳосил кардани рангҳо, заҳролуд сохтани тухмии зироат васеъ истифода мебаранд. Пайвастҳои хром ба организм тавассути роҳҳои нафас, пардаҳои луобӣ ва пӯсти солим дохил мешаванд. Пайвастҳои шашвалентаи хром (ангидриди хром, кислотаҳои хром ва духром ва ғайра) нисбатан заҳрнок мебошанд. Хроми металлӣ ва пайвастҳои севалентаи он заҳрнокии камтар доранд. Пешгирии заҳролудӣ: истифодаи бодкашҳо, ҳавоногузарии дастгоҳҳо, автоматикунонии раванди истеҳсолот; истифодаи респираторҳо, ниқобҳои зидди газ, дастпӯшакҳо, риояи беҳдошти шахсӣ. Муоинаи қаблӣ ва пешгирисози тиббӣ бо иштироки духтурони касалиҳои гӯшу гулӯю бинӣ ва пӯст ҳатмист.
== Хроми радиоактив ==
Аз изотопҳои радиоактиви хром фақат Cr массааш 51 камзаҳр аст; даври нимкоҳишаш 27,8 рӯзро ташкил мекунад. Манбаи афканишоти нури рентгенӣ ва қисман гамма мебошад. Онро барои ташхиси радионуклидӣ истифода мебаранд. Дар намуди намаки хлориди 51Cr барои нишонагузории плазмаи хун ва дар намуди намаки натрийи кислотаи хром барои нишонагузории эритротситҳо кор мефармоянд. Бо ёрии он ҳаҷми умумии хун, ҳаҷми плазма, давомати ҳаёти эритротситҳо ва тромботситҳоро таҳқиқ ва ҳангоми хуншории пӯшида миқдори талафи хунро муқаррар месозанд.
Адабиёт: Сбор и обработка вторичного сырья цветных металлов : Учебник для вузов по специальности "Металлургия металлов" / Г. А. Колобов, В. Н. Бредихин, В. М. Чернобаев. – М. : Металлургия, 1993. – 288 с.
== Инҷоро ҳам бингаред ==
* [[Ҷадвали даврии элементҳои химиявӣ]]
{{Умуми}}
{{Химия-нопурра}}
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
== Пайвандҳо ==
* [http://www.webelements.com/webelements/elements/text/Cr/key.html Хром на Webelements] {{Бойгонишуда|url=https://web.archive.org/web/20240524113210/http://www.webelements.com/webelements/elements/text/Cr/key.html |date=2024-05-24 }}
* [http://n-t.ru/ri/ps/pb024.htm Хром в Популярной библиотеке химических элементов] {{Бойгонишуда|url=https://web.archive.org/web/20161120144610/http://n-t.ru/ri/ps/pb024.htm |date=2016-11-20 }}
* [http://kaplyasveta.ru/o-prirode-veshhej/xromovaya-zelen.html Хромовая зелень, применение в живописи]
* [http://www.atsdr.cdc.gov/csem/chromium ATSDR Case Studies in Environmental Medicine: Chromium Toxicity] {{Бойгонишуда|url=https://web.archive.org/web/20191116041506/http://www.atsdr.cdc.gov/csem/chromium |date=2019-11-16 }} Департамент здравоохранения ИМА
* [http://solutions.3m.com/wps/portal/3M/en_US/OH-ESHexChrom/Hexavalent_Chromium/ 3M US: OSHA Hexavalent Chromium Standard — An overview of the Chromium Six (CrVI) standard] {{Бойгонишуда|url=https://web.archive.org/web/20150614101931/http://solutions.3m.com/wps/portal/3M/en_US/OH-ESHexChrom/Hexavalent_Chromium/ |date=2015-06-14 }}
* [http://www.ehjournal.net/content/5/1/5 ''Environmental Health:'' «Selected science: an industry campaign to undermine an OSHA hexavalent chromium standard»]
* [http://www.defendingscience.org/case_studies/Chromium-Case-Study.cfm Hexavalent chromium] {{Бойгонишуда|url=https://web.archive.org/web/20060418050143/http://defendingscience.org/ |date=2006-04-18 }}, a case study from ''[www.defendingscience.org]''
* [http://www.npi.gov.au/database/substance-info/profiles/25.html Australian National Pollutant Inventory Chromium VI fact sheet]
* [http://www.osha.gov/SLTC/hexavalentchromium/index.html US OSHA Health and Safety Topics: Hexavalent Chromium"]
* [http://www.finishingtodaymag.com/CDA/Articles/Column/acb7e54ec8adc010VgnVCM100000f932a8c0____ Finishing Today — Hexavalent Chromium: how is it affecting you?] {{Бойгонишуда|url=https://web.archive.org/web/20081006130414/http://www.finishingtodaymag.com/CDA/Articles/Column/acb7e54ec8adc010VgnVCM100000f932a8c0____ |date=2008-10-06 }}
* [http://www.cdc.gov/niosh/topics/hexchrom/ National Institute for Occupational Safety and Health — Hexavalent Chromium]
[[Гурӯҳ:Унсурҳои химиявӣ]]
9z2yg6gdr0lzrovpwjuz0fo95dzpv3l
Арақчин (деҳа, н. Варзоб)
0
155924
1481980
1383309
2026-07-25T12:21:08Z
Spitamana
144920
иловаи манзараи деҳа
1481980
wikitext
text/x-wiki
{{МА
| мақом = Деҳа
| номи тоҷикӣ = Арақчин
| номи аслӣ =
| тасвир = Деҳаи_Арақчин(1).jpg
| кишвар = Тоҷикистон
| минтақа = Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ {{!}} НТҶ
| шакли минтақа = Вилоят
| ноҳия = Ноҳияи Варзоб {{!}} Варзоб
| шакли ноҳия = Ноҳия
| ҳавзаи ҷомеа дар ҷадвал =
| ҷомеа = Ҷамоати Чорбоғ (н. Варзоб) {{!}} Деҳоти Чорбоғ
| шакли ҷомеа = Ҷамоат
| ҷомеа дар ҷадвал =
| lat_deg =
| lon_deg =
| lat_min =
| lat_sec =
| lon_min =
| lon_sec =
| тақсимоти дохилӣ =
| забони расмӣ = тоҷикӣ
| аҳолӣ = 2500
| соли барӯйхатгирӣ = 2024
| ҳайати миллӣ = [[мардуми тоҷик|тоҷикон]]
| ҳайати динӣ = [[мусулмон]]он
| этнохороним =
| вақти минтақавӣ = +5
| коди мошинҳо = TJ07
| гурӯҳ дар Commons =
| шакли роҳбарӣ = Раиси маҳалла
| роҳбар =
| latNS = N
| longEW = E
| коди телефон = +992
}}
'''''Арақчин''''' — [[деҳа]] дар [[Ҷамоати деҳот|ҷамоати]] [[Ҷамоати Чорбоғ (н. Варзоб)|деҳоти Чорбоғ]]и [[ноҳияи Варзоб]]. Аз Арақчин то маркази ноҳия 31 км. ва то маркази шаҳри Душанбе 19 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1570 нафар (2019), тоҷикон.
== Иқтисод ==
Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, клуб ва нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, чорводорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз чашма обёрӣ мешаванд.
== Таърих ва мардум ==
Деҳаи Арақчин дар доманаи ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ва тақрибан дар баландии 1100м-1200м аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Ҳудуди имрӯзаи деҳа тақрибан 16 гектарро ташкид намуда релефи он баландкӯҳ ва кӯҳсор мебошад.
Дар кори барқарорсозии ҳокимияти нав фарзанди ин деҳа Теша Ризоев, Асадулло Хайруллоев, Нурулло Ғуломов, Қаюм Қодир ва Қурбон Азизовҳо, Мирзо Саъдулло Рабиӣ ва Абдурашид Тошев хеле калон мебошад. Аввалин мактаби Шуравӣ дар деҳа тобистони соли 1928 ташкил ёфтааст, ки омӯзгори нахустини он Ҷумъаев Ш аз шаҳри бостонии Самарқанд мебошад.
== Шахсияҳои маъруф ==
Зодагони деҳаи Арақчин бо фаъолияти густурдаи худ дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии ҷомеа фаъолона ширкат меварзиданд. Шоир [[Саъдулло Рабиӣ]] чун вассофи ҳаёти нав баромад намуда соли 1934 чун вакил дар анҷумани I нависандагони шуравӣ иштирок намуда буд. [[Абдусалом Рабиев]] барои хидматҳои арзандааш сазовори унвони Қаҳрамони меҳнати Сотсиалистӣ, дорандаи Ордени Ленин ва ду даъват вакили Шурои Олии Тоҷикистон шуда буд.
Дар солҳон ҶБВ 49 нафар фарзандони деҳа ба ҷанг ва ба баталионҳои меҳнатӣ даъват шуда 20 нафари онҳо аз ҷанг барнагаштанд.{{эзоҳ}}
== Адабиёт ==
* {{ЭМТ|Арақчин|1|муаллиф= }}
* Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон — {{Д.}}: [[СИЭМТ]], 2013. — 332 с. — ISBN 978-99947-33-54-5
{{ноҳияи Варзоб}}
[[Гурӯҳ:Деҳаҳои Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Деҳаҳои ноҳияи Варзоб]]
[[Гурӯҳ:Ҷамоати Чорбоғ]]
08dg7puz1pui7q9v1ql1t26dhprjy0m
Сантияго Бернабеу (варзишгоҳ)
0
298964
1482015
1481699
2026-07-25T20:03:03Z
Yoonoos.tj
27005
/* */
1482015
wikitext
text/x-wiki
{{Варзишгоҳ
|ном = Сантияго Бернабеу
|номи пурра = Варзишгоҳи Сантияго Бернабеу
|номи аслӣ = ({{lang-es|Estadio Santiago Bernabéu}})
|номи қаблӣ = Варзишгоҳи Чамартини нав (то соли 1955)
|номи ғарирасмӣ =
|логотип =
|андоза лого =
|акс = Panoramic santiago bernabeu.jpg
|андоза =
|эзоҳ =
| lat_dir = N
| lat_deg = 40
| lat_min = 27
| lat_sec = 10.66
| lon_dir = W
| lon_deg = 3
| lon_min = 41
| lon_sec = 18.00
| region =
| CoordScale = 5000
|гурӯҳ =
|мавқеъ = {{Парчами Испания}} [[Мадрид]], [[Испониё]]
|шурӯъ = [[1944]]
|бунёд = [[1947]]
|бозсозӣ = [[1982]], [[2001]], [[2021]]
|васеъкунӣ = [[1952]], [[1992]], [[1994]], [[2011]]
|молик = «[[Реал Мадрид (бошгоҳи футбол)|Реал Мадрид]]»
|ширкати идоракунанда =
|иморатсоз =
|ҳазинаи сохтмон = 289 млн. песет (1,7 млн €)
|ҳазинаи бозсозӣ =
|ифтитоҳ = [[14 декабр]] [[1947]]
|пӯшида =
|вайрон =
|меъмор = Мануел Мунёз Монастерио <br> Луис Алемани Солер <br> Антонио Ламела (Васеъкунӣ)
|даста = «[[Реал Мадрид (бошгоҳи футбол)|Реал Мадрид]]» <br> [[Тими миллии футболи Испониё|Мунтахаби Испониё]]
|ғунҷоиш = 83 186<ref>{{Cite web |title=LaLiga bate record histórico de asistencia a los estadios con más de 15 millones de espectadores |url=https://www.laliga.com/noticias/laliga-bate-record-historico-de-asistencia-a-los-estadios-con-mas-de-15-millones-de-espectadores |access-date=2025-07-28 |website=LALIGA |language=es}}</ref>
|андозаҳо = 105x68
|навъи замин =
|сайт = https://www.realmadrid.com/
|викианбор = Santiago Bernabéu Stadium
|харитаи мавқеъ =
|андозаи харита =
|харитаи мавқеъ 2 =
|андозаи харита 2 =
}}
'''Варзишгоҳи «Сантия́го Бернабе́у»''' ({{lang-es|Estadio Santiago Bernabéu}}) — майдони [[футбол]], воқеъ дар пойтахти [[Испониё]] — шаҳри [[Мадрид]]. Варзишгоҳи хонагии бошгоҳи футболи «[[Реал Мадрид (бошгоҳи футбол)|Реал Мадрид]]», баъзан дар он [[тими миллии футболи Испониё|тими миллии Испониё]] ҳам бозиҳояшро мегузаронад.
== Таърих ==
== Меъморӣ ==
== Мусобиқаҳои варзишӣ ==
== Эзоҳ ==
== Сарчашма ==
[[Гурӯҳ:Варзишгоҳҳои футбол дар Испониё]]
5ie0lk3pzgdye4moj6qpw5697sl0jlx
Аҳлиддин Ибодуллозода
0
299402
1481984
1481270
2026-07-25T13:54:04Z
Spitamana
144920
ИЛОВАИ АКСИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ
1481984
wikitext
text/x-wiki
{{Ҳамномҳо|Аҳлиддин (Ҳамном)|Аҳлиддин }}
{{Ҳамнасабҳо |Ибодуллозода (Ҳамнасаб)|Ибодуллозода}}
{{Олим
|ном = Аҳлиддин Ибодуллозода
|номи аслӣ = Ибодуллозода Аҳлиддин Ибодулло
|тасвир =Ибодуллозода Аҳлиддин.jpg
|бар =
|тавсифи тасвир =
|таърихи таваллуд = 28.05.1984
|зодгоҳ = {{Зодгоҳ|вилояти Хатлон|}}, [[ҶШС Тоҷикистон]]
|таърихи даргузашт=
|шаҳрвандӣ = {{парчамбандӣ|Тоҷикистон}}
|маҳалли даргузашт=
|фазои илмӣ = [[таърих]]
|ҷойҳои кор = [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон]], [[Академияи таҳсилоти Тоҷикистон]], [[Осорхонаи миллии Тоҷикистон]],[[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ]]
|дараҷаи илмӣ = {{Дараҷаи илмӣ|доктор|илмҳои таърих}}
|унвонҳои илмӣ = {{Унвонҳои илмӣ||}}
|алма-матер = [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон]]
|роҳбари илмӣ =
|шогирдони маъруф =
|маъруф ба =
|ҷоизаҳо =
|имзо =
|бари имзо =
|сайт =
|викитека =
|викианбор =
}}
'''Аҳлиддин Ибодуллозода''' ([[28 май|28 майи]] [[1984]], [[ҶШС Тоҷикистон]]) — [[омӯзгор]], [[олим]], [[доктори илмҳои таърих]], Ректори [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ]] (аз соли 2022).
== Зиндагинома ==
Аҳлиддин Ибодуллозода [[28 май|28 майи]] [[соли 1984]] ба дунё омадааст. Дар соли 2007 шуъбаи рӯзонаи факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро хатм кардааст<ref>{{Cite web|url=https://www.tgpu.tj/index.php?option=com_content&view=article&id=3&Itemid=87&lang=tj|title=Ректори Донишгоҳ|website=www.tgpu.tj|accessdate=2022-06-14}}</ref>.
== Корнома ==
* 2007—2009 — ассистенти кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқи факултети таърихи [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон]].
* 2009—2012 — аспиранти кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърихи [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон]].
* 2012—2014 — муаллими калони кафедраи ҳуқуқи факултети таърихи [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон]].
* 2014—2016 — мутахассиси раёсати илм ва навоварии техникӣ ва ҳамзамон дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон]].
* 2016 — муовини директории Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии [[Академияи таҳсилоти Тоҷикистон]].
* 2016—2018 — сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
* 2019—2021 — сармутахассис ва мудири бахши маориф ва илми раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
* 2021—2022 — директори [[Осорхонаи миллии Тоҷикистон]].
* Аз июни 2022 — Ректори [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ]].<ref>{{Cite web|url=https://www.tgpu.tj/index.php?option=com_content&view=article&id=3&Itemid=87&lang=tj|title=Ректори Донишгоҳ|website=www.tgpu.tj|accessdate=2022-06-14}}</ref>
== Ҷоизаҳо ==
* Нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон»,
* Нишони «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон»,
* медали ҷашнии «25-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
* Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника (2018).
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
[[Гурӯҳ:Омӯзгорон аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Таърихшиносони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ]]
[[Гурӯҳ:Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон]]
onzsi77yvl0rbl7sv1f8tjy17maru1n
Саъдулло Рабиъӣ
0
310260
1481982
1370984
2026-07-25T13:03:08Z
Spitamana
144920
ислоҳсозӣ
1481982
wikitext
text/x-wiki
{{Адиб
| ном = Мирзо Саъдулло Рабиӣ
| тасвир = Cаъдулло Рабиӣ(1).png
| таърихи таваллуд = 4-уми марти соли 1883
| таърихи даргузашт = 1938
| зодгоҳ = [[Арақчин]], [[бекигарии Ҳисор]]
| таҳсилот = мадрасаи Ҳисор
| маҳалли даргузашт = [[Арақчин]], [[ҶШС Тоҷикистон]]
| навъи фаъолият = [[шоир]], [[ғазалсаро]], [[достонсаро]]
| амт = лирика, фолклор, ватандӯстона
| жанр = [[достон]], [[шеър]], [[ғазал]]
| забони осор = [[забони тоҷикӣ|тоҷикӣ]]
| дебют = «Ҳисори ишқ»
| маҳалли дафн = номаълум
| ҷоизаҳои адабӣ = узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
| солҳои фаъолият = 1903—1932
| шаҳрвандӣ = [[Бухорои Шарқӣ]]
| ном ҳангоми таваллуд = Саъдулло
| тахаллусҳо = Мирзо
| номи пурра = Мирзо Саъдулло Рабиӣ
| номи аслӣ = {{lang-tg|Саъдулло Рабиӣ}}
}}
'''Саъдулло Рабиӣ''' ([[4 март]]и [[1883]], деҳаи [[Арақчин (деҳа, н. Варзоб)|Арақчин]], [[ноҳияи Варзоб]] — [[1938]], ҳамон ҷо) — {{шоир|тоҷик}}<nowiki/>и советии тоҷик, узви Иттиҳодияи нависандагони ИҶШС (1934).
== Зиндагинома ==
Дониши ибтидоиро дар назди падараш бароварда, дар мадрасаи Ҳисор таҳсилро давом додааст. Дар Мадраса асри таассуроти ашъори шоирони гузашта, хусусан Бедилу Соиб ба шеъргӯӣ пардохтааст. Шеърҳои тоинқилобиаш асосан тақлидӣ буданд. Рабиъӣ Инқилоби Октябрро бо хушнудӣ истиқбол намуда, дар ташкили хоҷагиҳои коллективӣ фаъолона иштирок карда, дар идораҳои советию маҳаллии ҷумҳурӣ кор кардааст. Рабиъӣ ба хидмати адабиёти нави сотсиалистӣ камар баста, дар равияи эҷодиёти халқ шеър менавишт.
Мавзӯъи асосии шеърҳои Инқилоби сохтмони нави советӣ, дастовардҳои ватани сотсиалистӣ, нав шудани симои деҳоти Тоҷикистон, таблиғи озодии занон, мактабу маориф ва ғайра буд (шеърҳои «Варзобстрой», «Ба муносибати яксолагии „БАС“», «Ба муносибати ташкили райони нави Варзоб», «Хитоб ба Духтарони Шарқ» ва ғайра).
Рабиъӣ бо унвони «Ҳисорӣ» дар равияи асарҳои халқӣ достони нотамоме дорад (1183 байти он дар архиви шахсии шоир маҳфуз аст). Соли 1934 Рабиъӣ ба сифати вакил дар Съезди 1-уми умумииттифоқии нависандагони СССР иштирок кардааст. Достони тарҷумаиҳолии шоир бо унвони «Москва» (1935) натиҷаи таассуроти ҳамин сафар аст.
== Осор ==
* Бригада (Маҷмӯаи шеърҳо), Сталинобод, 1932;
* Москва. Достон, Сталинобод, 1935.
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
== Адабиёт ==
* {{ЭСТ|Рабиӣ Саъдулло|6}}
* Лоҳутӣ А., Адабиёти тоҷик, Куллиёт, ҷ. в, Д., 1963;
* Писатели Таджикистана, Д., 1981.
fv2rnqyrewckgsj1hs4xeox00lj2l9b
Ризо Баҳромзод
0
314131
1481981
1454505
2026-07-25T12:51:09Z
Rbd-tnu
12415
1481981
wikitext
text/x-wiki
{{Олим|ҷойҳои кор=Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умарови АМИТ|сайт=https://istina.msu.ru/profile/rbd-tnu@mail.ru/}}
'''Ризои Баҳромзод''' ({{ВД-Дебоча}}) — {{физикдон|Тоҷикистон}}, {{ахтаршинос|Тоҷикистон}} ва донишманди тоҷик<ref>{{Cite web|url=https://your.tj/tadzhikskaja-nauka-i-jekonomicheskoe-razvitie-istorija-mirovoj-jekonomiki-vypusk-13/,%20https://your.tj/tadzhikskaja-nauka-i-jekonomicheskoe-razvitie-istorija-mirovoj-jekonomiki-vypusk-13/|title=Таджикская наука и экономическое развитие. История мировой экономики. Выпуск #13|date=2021-04-02|publisher=YOUR|lang=ru|accessdate=2024-01-24}}{{Пайванди мурда|date=February 2024 |bot=InternetArchiveBot |fix-attempted=yes }}</ref>, номзади илмҳои физика ва математика (2023)<ref>{{Cite web|url=https://istina.msu.ru/workers/10348198/|title=Бахромзод Ризои|publisher=ИСТИНА}}</ref>. Узви ҷавони Иттиҳоди байналмилалии астрономон (2026)<ref>{{Cite web|url=https://www.iau.org/Profile?ID=43058|title=Member Information of Dr. Rizoi Bakhromzod|website=International Astronomical Union (IAU)}}</ref>.
== Зиндагинома ==
Ризои Баҳромзод 20 декбари соли 1991 дар деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст<ref>{{Cite web|url=https://tj.sputniknews.ru/20180604/moscow-rizo-bakhromzod-tajikistan-nauka-1025720889.html|title=Из маленького таджикского села в большую науку в РФ: путь Ризо Бахромзода|author=|website=Sputnik Таджикистан|date=2018-06-04|lang=ru|accessdate=2024-01-24}}</ref>. Солҳои 1998—2009 дар мактаби № 8-и ба номи М. Осимӣ таҳсил карда, дар солҳои 2009—2014 факултети физикаи [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон]]<nowiki/>ро бо дипломи аъло хатм кардааст.
Дар солҳои донишҷӯйӣ солҳои 2011-2013 се сол паиҳам дар олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯён аз фанни фалсафа сазовори ҷойи якум гардида, соли 2013 бо Шоҳҷоиза сарфароз гардидааст, ки дар таърихи олимпиадаҳои ҷумҳуриявии донишҷӯён бори аввал сурат гирифтааст <ref>{{Cite web|url=https://tnu.tj/index.php/tj/kafedrai-astronomija/|title=Кафедраи астрономия|author=Сафаров Абдуҷалол|website=Донишгоҳи миллии Тоҷикистон}}</ref>.
== Корнома ==
Лаборанти Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон (2013, таҳри роҳбарии [[Хурсанд Ибодинов]]), ходими хурди илмӣ (2014), и. в. мудири Маркази байналмиллалии таҳқиқоти ҳастаии [[Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умарови АМИТ]] (2018-2019) ва ходими пешбари илмии институти мазкур <ref>{{Cite web|url=https://phti.tj/ru/2023/07/07/%d1%8d%d0%ba%d1%81%d0%bf%d0%b5%d1%80%d0%b8%d0%bc%d0%b5%d0%bd%d1%82-%d0%bf%d0%b0%d0%bc%d0%b8%d1%80-%d0%b8-%d0%bf%d1%80%d0%be%d1%86%d0%b5%d1%81%d1%81-%d0%bf%d0%be%d0%b4%d0%b3%d0%be%d1%82%d0%be%d0%b2/|title=“Эксперимент Памир” и процесс подготовки научных кадров по изучению космических лучей высоких энергий – Физико-технический институт им. С.У.Умарова Академии наук Республики Таджикистан|date=2023-07-07|lang=ru-RU|accessdate=2024-03-05|archivedate=2024-03-05|archiveurl=https://web.archive.org/web/20240305053951/https://phti.tj/ru/2023/07/07/%D1%8D%D0%BA%D1%81%D0%BF%D0%B5%D1%80%D0%B8%D0%BC%D0%B5%D0%BD%D1%82-%D0%BF%D0%B0%D0%BC%D0%B8%D1%80-%D0%B8-%D0%BF%D1%80%D0%BE%D1%86%D0%B5%D1%81%D1%81-%D0%BF%D0%BE%D0%B4%D0%B3%D0%BE%D1%82%D0%BE%D0%B2/}}</ref> (аз 2019), ҳамзамон муҳаррири пешбари [[Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]] (2019-2024). Солҳои 2019-2021 дар [[Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Михаил Ломоносов дар шаҳри Душанбе]] аз фанни физика дарс гуфтааст.
== Фаъолияти илмӣ ==
Ризои Баҳромзод фориғуттаҳсили бахши аспирантураи [[Донишгоҳи давлатии Маскав]] дар солҳои 2014—2018 буда<ref>{{Cite web|url=https://lomonosov-msu.ru/rus/user/profile/141714|title=Ризои Бахромзод|website=lomonosov-msu.ru|publisher=Ломоносов|accessdate=2024-01-24}}</ref>, дар мавзӯи «Рушди усулҳои ҷудосозии селҳо аз γ-квантҳои энергияашон беҳад баланд аз рӯи маълумоти детекторҳои черенковии таҷҳизоти баландкӯҳӣ» рисолаи номзадӣ дар соли 2023 ҳимоя кардааст<ref>{{Cite web|url=https://vak.tj/index.php/navgon/e-lon-o-oid-ba-himoyai-dissertatsiyaho/4969-imoyai-rizoi-bakhromzod|title=Ҳимояи Ризои Бахромзод|website=vak.tj|date=2023-02-02|publisher=КОА|accessdate=2024-01-24|archivedate=2024-01-24|archiveurl=https://web.archive.org/web/20240124165052/https://vak.tj/index.php/navgon/e-lon-o-oid-ba-himoyai-dissertatsiyaho/4969-imoyai-rizoi-bakhromzod}}</ref>.
Дар самтҳои омӯзиши нурҳои кайҳонии баландэнергия, гамма ахтаршиносӣ<ref>{{Cite web|url=https://www.sciencedirect.com/science/article/abs/pii/S0168900221008275|title=The search and analysis of optimal criteria for the selection of extensive air showers from gamma-quanta by Cherenkov telescopes|author=R. Bakhromzod, V.I. Galkin|website=Nuclear Instruments and Methods in Physics Research Section A|date=2021-12-01|publisher=Elsevier B.V.}}</ref><ref>{{Cite web|url=https://link.springer.com/article/10.3103/S0027134918020078|title=A Method for Estimation of the Parameters of the Primary Particle of an Extensive Air Shower by a High-Altitude Detector|website=Moscow University Physics Bulletin|date=2019-01-29|publisher=Springer Nature}}</ref>, манбаъҳои барқароршавандаи энергия<ref>{{Cite web|url=https://vestnik.mpei.ru/index.php/vestnik/article/view/1198|title=Оценка потенциала солнечной и ветровой энергии в Таджикистане с использованием мультикритериального метода|website=Вестник МЭИ}}</ref> ва таърихи илм таҳқиқот анҷом медиҳад <ref>{{Cite web|url=https://arxiv.org/abs/2505.18219|title=Legacy of Avicenna in Astronomy|author=Rizoi Bakhromzod|website=arXiv|date=2025-05-23}}</ref><ref>{{Cite web|url=https://arxiv.org/abs/2410.04053|title=Nowruz, Umar Khayyam, Calendar and Constellations|author=Rizoi Bakhromzod|website=arXiv|date=2024-10-5}}</ref>.
=== Фаъолияти илмӣ-оммавӣ ===
Ризои Баҳромзод ба тарғиб ва оммавигардонии илм машғул буда<ref name=":0">{{Cite web|url=https://pressa.tj/shash-iftihori-to%D2%B7ik-lideroni-zamoni-isti%D2%9Blol-ki%D2%B3oyand/|title=Шаш ифтихори тоҷик. Лидерони замони истиқлол киҳоянд?|author=Фазлиддин Асозода|website=Pressa.tj|date=2021-09-24|lang=|accessdate=2024-01-24}}</ref>, дар шабакаҳои иҷтимоӣ, телевизиону радио, расонаҳо ва рӯзномаву маҷаллаҳо доир ба қонунҳои табиат, дастовардҳои илми муосир ва равандҳои таҳқиқоти илмӣ мавод нашр мекунад. Муассиси гурӯҳи фейсбукии Илми муосир аст, ки бештар аз 11 ҳазор узв дорад. Ӯ иштирокдори Ҳамоиши мубодилаи таҷрибаҳо миёни Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ доир ба баланд бардоштани саводнокии илмӣ дар шаҳри Урумчии Чин аст, ки рӯзҳои 21-22 августи соли 2025 доир гардид<ref>{{Cite web|url=https://khovar.tj/rus/2025/08/predstavitel-tadzhikistana-prinyal-uchastie-v-rabote-foruma-po-prodvizheniyu-nauki-v-kitae/|title=Представитель Таджикистана принял участие в работе форума по продвижению науки в Китае|website=НИАТ «Ховар»|date=2025-08-25}}</ref>. Ҳамчунин, дар Курси байналмилалии омӯзишии «Камарбанд ва роҳ» оид ба тавонмандсозии технологияҳои шамол ва нигоҳдории ҳидроген дар Донишгоҳи технологии Муғулистони Дохилии Чин (12-26 майи 2026) ва Даври омӯзиши байналмилалии дипломатияи илмӣ дар шаҳри Триести Италия (20-23 июли 2026) иштирок кардааст<ref>{{Cite web|url=https://khovar.tj/2026/07/dar-davri-om-zishii-bajnalmilal-dar-italiya-masoili-diplomatiyai-ilm-va-amkorii-bajnalmilal-barras-meshavand/|title=Дар даври омӯзишии байналмилалӣ дар Италия масоили дипломатияи илмӣ ва ҳамкории байналмилалӣ баррасӣ мешаванд|website=АМИТ Ховар|date=2026-07-22}}</ref>.
Узви гурӯҳи корӣ ва ҳайати ҳакамони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» буда<ref>"Илм - фурӯғи маърифат" - омили муҳимми таҳаввулоти зеҳнӣ. Маҷаллаи "Илм ва ҳаёт", №1, саҳ. 4-5, 2022.</ref>, яке аз муаллифони китоби "Тафсири Низомномаи ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ва талаботи он" мебошад<ref>{{Китоб|муаллиф=Ф. Раҳимӣ, З.Ҳ. Раҳмонов, Г.И. Қоҳирова, А.С. Саидов, А.А. Солеҳзода, Ф. Шокир, А.М. Сафаров, Б. Бобозода, О. Маҷидов, Р. Баҳромзод, Х.Р. Раҳмонов|ном=Тафсири Низомномаи ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ва талаботи он|нашриёт=Дониш|шаҳр=Душанбе|саҳифаҳо=204|ссылка=https://ravshanfikr.tj/ilm-furugi-marifat/mavodho/72-nizomnomai-ozmun-va-talaboti-on/443-nizomnomai-ozmuni-um-uriyavii-ilm-fur-i-ma-rifat.html}}</ref>.
== Таълифот ==
Муаллифи беш аз 20 мақолаи илмӣ<ref>{{Cite web|url=https://www.elibrary.ru/author_items.asp?authorid=958230|title=СПИСОК ПУБЛИКАЦИЙ АВТОРА БАХРОМЗОД РИЗО|website=eLibrary.Ru|publisher=Научная электронная библиотека}}</ref> дар маҷаллаҳои тақризшаванда ва иштирокдории семинару конфронсҳои байналмиллалӣ мебошад<ref>{{Cite web|url=https://tnu.tj/index.php/ru/v-tnu-proshla-mezhdunarodnaja-konferencija-na-temu-sovremennye-voprosy-astrofiziki/|title=В ТНУ ПРОШЛА МЕЖДУНАРОДНАЯ КОНФЕРЕНЦИЯ НА ТЕМУ «СОВРЕМЕННЫЕ ВОПРОСЫ АСТРОФИЗИКИ»|website=Таджикский национальный университет|date=2024-04-17}}</ref>.
== Ҷоизаҳо ==
* 2020 — барандаи Ҷоизаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои олимони ҷавон.
* 2021 — ғолиби озмуни «Next30 — Раҳбарони ҷавони Осиёи Марказӣ»<ref>{{Cite web|url=https://tj.usembassy.gov/ru/go-viral-network-and-u-s-embassy-dushanbe-aannounce-winners-of-next30-eemerging-lleaders-ccompetition-ru/|title=Go Viral Tajikistan и посольство США в Душанбе объявил имена победителей конкурса "Next30"|author=|website=Посольство США в Таджикистане|date=2021-09-17|publisher=U. S. Embassy Dushanbe|lang=ru|accessdate=2024-01-24}}</ref><ref name=":0" />.
* 2021 — 30 ҷавони муваффақи сол дар Тоҷикистон<ref>{{Cite web|url=https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/society/20220106/az-naberai-emomal-ramon-to-nafisa-imranova-30-avoni-muvaffai-toikiston-az-nazari-kumitai-avonon|title=Аз набераи Эмомалӣ Раҳмон то мудири "Алиф Бонк": 30 ҷавони муваффақи Тоҷикистон кистанд? {{!}} Хабарҳои Тоҷикистон ASIA-Plus|website=asiaplustj.info|accessdate=2024-03-05}}</ref>.
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
{{ПБ}}
i7l86fc32o5yq8eseh245l0o0b4e9qp
Бернарду Силва
0
332912
1482012
1481892
2026-07-25T19:29:59Z
Yoonoos.tj
27005
1482012
wikitext
text/x-wiki
{{Футболбоз
|ном = Бернарду Силва
|ҷинс = м
|номи пурра = Бернарду Мота Вейга ди Карвалю и Силва<br>({{lang-pt|''Bernardo Mota Veiga de Carvalho e Silva''}})
|лақаб =
|тасвир =
|бар = 300px
|тавсифи тасвир =
|таърихи таваллуд = 10.08.1994
|зодгоҳ = {{зодгоҳ|Лиссабон}}, [[Португалия]]
|шаҳрвандӣ = {{Парчами Португалия|20px}} [[Португалия]]
|қад = 173<ref name="realmadrid.com">[https://www.realmadrid.com/es-ES/futbol/primer-equipo-masculino/plantilla/bernardo-silva Bernardo Silva | Web Oficial | Real Madrid CF]</ref>
|вазн = <ref name="realmadrid.com"/>
|мавқеъ = [[Нимҳимоятгар (футбол)|Миёнмайдон]]
|бошгоҳи кунунӣ = {{Парчами Испания|20px}} «[[Реал Мадрид (бошгоҳи футбол)|Реал Мадрид]]»
|шумора =
|бошгоҳҳои ҷавонон = {{маснад дар футбол
|2002—2013|{{Парчами Португалия|20px}} «[[Бенфика (бошгоҳи футбол)|Бенфика]]»|}}
| бошгоҳҳо = {{маснад дар футбол
|2013—2015|{{Парчами Португалия|20px}} «[[Бенфика (бошгоҳи футбол)|Бенфика]]»|1 (0)
|2013—2015|{{кироя}} {{Парчами Португалия|20px}} «Бенфика B»|38 (7)
|2014|{{кироя}} {{Парчами Фаронса|20px}} «[[Монако (бошгоҳи футбол)|Монако]]»|15 (2)
|2015—2017|{{Парчами Фаронса|20px}} «[[Монако (бошгоҳи футбол)|Монако]]»|86 (22)
|2017—2026|{{Парчами Англия|20px}} «[[Манчестер Сити]]»|304 (45)
|2026—{{Т.ҳ.}}|{{Парчами Испания|20px}} «[[Реал Мадрид (бошгоҳи футбол)|Реал Мадрид]]»|0 (0)}}
| мунтахаби миллӣ = {{маснад дар футбол
|2013|{{Парчами Португалия|20px}} Португалия (то 19 сола)|13 (2)
|2013–2015|{{Парчами Португалия|20px}} Португалия (то 21 сола)|14 (6)
|2015—{{Т.ҳ.}}|{{Парчами Португалия}} [[Тими миллии футболи Португалия|Португалия]]|109 (14)}}
| бошгоҳҳои мураббигарӣ =
| медалҳо = {{турнир|[[Ҷоми Конфедеросиюнҳо]]}}
{{медал|Биринҷӣ|[[Ҷоми Конфедеросиюнҳо|Русия 2017]]}}
{{турнир|[[Лигаи миллатҳои Урупо]]}}
{{медал|Тилло|[[Лигаи миллатҳои Урупо 2019|Португалия 2019]]}}
{{медал|Тилло|[[Лигаи миллатҳои Урупо 2025|Олмон 2025]]}}
| ҷоиза =
| викианбор = Bernardo Silva
}}
'''Берна́рду Мо́та Ве́йга ди Карва́лю и Си́лва''' ({{lang-pt|''Bernardo Mota Veiga de Carvalho e Silva''}}; {{IPA-pt|bɨɾˈnaɾðu ˈsilvɐ}}; [[10 август]]и [[1994]], [[Лиссабон]], [[Португалия]]) — футболбози [[Португалия|португалӣ]], [[Нимҳимоятгар (футбол)|миёнмайдон]]и бошгоҳи «[[Реал Мадрид (бошгоҳи футбол)|Реал Мадрид]]» ва [[Тими миллии футболи Португалия|тими миллии Португалия]]. Дорандаи медали тиллои [[Лигаи миллатҳои Урупо 2019|Лигаи миллатҳои Урупо дар солҳои 2019]] ва [[Лигаи миллатҳои Урупо 2025|2025]].
== Зиндагинома ==
{{васеъкунии фасл}}
== Маснади бошгоҳӣ ==
== Мунтахаби миллӣ ==
== Дастовардҳо ==
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
{{эзоҳ|group=қайд|liststyle=lower-alpha}}
== Пайвандҳо ==
[[Гурӯҳ:Зодагони 10 август]]
[[Гурӯҳ:Зодагони соли 1994]]
[[Гурӯҳ:Ниммуҳофизатгарони футбол]]
[[Гурӯҳ:Футболбозони Португалия]]
[[Гурӯҳ:Футболбозони тими миллии футболи Португалия]]
[[Гурӯҳ:Бозигарони БФ «Бенфика B»]]
[[Гурӯҳ:Бозигарони БФ «Бенфика»]]
[[Гурӯҳ:Бозигарони БФ «Монако»]]
[[Гурӯҳ:Бозигарони БФ «Манчестер Сити»]]
[[Гурӯҳ:Бозигарони БФ «Реал Мадрид»]]
k0mcffl0l635rvv374afh9t03nua0qu
Берлини Шарқӣ
0
332928
1481985
2026-07-25T13:57:14Z
Шухрат Саъдиев
5132
Берлини Шарқӣ
1481985
wikitext
text/x-wiki
{{Давлати таърихӣ}}
'''Берлини Шарқӣ''' ( олмонӣ: Ost-Berlin ; талафуз: [ˈɔstbɛʁˌliːn] (гӯш кардан (итт.)) ) — қисми шаҳри [[Берлин]], ки пас аз [[Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ]] ба бахши Шӯравӣ афтод. Берлини Шарқӣ аз [[7 октябр|7 октябри]] [[соли 1949]] то [[3 октябр|3 октябри]] [[соли 1990]] пойтахти де-фактои Олмони Шарқӣ буд. Аз 13 августи [[соли 1961]] то 9 ноябри [[соли 1989]], қисми шарқии шаҳр аз қисмати ғарбии он бо девори Берлин ҷудо карда шуда буд. Иттифоқчиёни Ғарб Берлини Шарқиро ҳамчун пойтахти [[ҶДО]] ва инчунин салоҳияти ҶДО-ро барои идораи Берлини Шарқӣ эътироф накарданд. Дар аксари давраи мавҷудияти маъмурии худ, Берлини Шарқӣ расман ҳамчун Берлин, пойтахти ҶДО ( олмонӣ: Berlin, Hauptstadt der DDR ) аз тарафи хукумати Олмони Шарқӣ эътироф шуда буд. [[3 октябр|3 октябри]] [[соли 1990]] [[Олмон|Ҷумҳурии Федеративии Олмон]] ва [[Ҷумҳурии Демократии Олмон]] муттаҳид шуданд. Ин рӯз рӯзи расман хотима ёфтани мавҷудияти Берлини Шарқӣ ҳисобида мешавад.
== Сохтори маъмурӣ ==
[[Акс:Germany divided Berlin East district names.png|thumb|right|280px|берлини Шарқӣ]]
Берлини Шарқӣ аз 11 ноҳия иборат буд (нигаред ба расм):
Митте ( олмонӣ: Mitte )
* Пренцлауэр Берг ( олмонӣ: Prenzlauer Berg )
* Фридрихшайн ( олмонӣ: Friedrichshain )
* Панков ( олмонӣ: Pankow )
* Вайсензе ( олмонӣ: Weissensee )
* Хоэншвангаузен ( олмонӣ: Hohenschönhausen (аз соли 1985)
* Лихтенберг ( олмонӣ: Lichtenberg )
* Марзан ( олмонӣ: Marzahn )
* Геллерсдорф ( олмонӣ: Hellersdorf )
* Трептов ( олмонӣ: Treptow )
* Көпеник ( олмонӣ: Köpenick )
Маркази пойтахти қисман эътирофшудаи [[Ҷумҳурии Демократии Олмон]] кӯчаи асосии Александрплатс (Alexanderplatz, "Alex") буд. — Унтер-ден-Линден ( олмонӣ: Unter den Linden ). Дар ғарб, ин кӯча ба дарвозаи Бранденбург пайваст буд, ки аз паси он Берлини Ғарбӣ оғоз мешуд, ки се минтақаи ишғолии пас аз ҷангро муттаҳид мекард — [[ИМА|Амрикоӣ]], [[Бритониё]]ӣ ва [[Фаронса]]вӣ .
== Аксҳо ==
<gallery>
Image:Karl-Marx-Allee Block C Nord Berlin April 2006 060.jpg|Хонаҳо дар хиёбони Карл Маркс
Image:Lenindecoration.JPG|Лавҳаи ёдгории Ленин
Image:Cafe Moskau.JPG|Кафе «Москва»
Image:Weberwiese Berlin April 2006 147.jpg|Аввалин биноҳои истиқоматии бисёрошёна пас аз ҷанг сохта шуданд
Image:VolksbühBerlJan08.JPG|Театр
Image:Berlin_Wilhelmstrasse.jpg|Биноҳои истиқоматӣ
Image:Strausberger Platz Berlin April 2006 117.jpg|Бинои услуби конструктивистӣ
File:Proletarian hero, Alexanderplatz june 2006.JPGЁдгории қаҳрамони пролетарӣ
</gallery>
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
[[Гурӯҳ:Олмони Шарқӣ]]
[[Гурӯҳ:Ҷанги Сард]]
[[Гурӯҳ:Олмон дар асри XX]]
[[Гурӯҳ:Олмон]]
[[Гурӯҳ:Подшоҳиҳои гузашта дар Аврупо]]
nvwy3k0ac5puy09tl8twyya2ge1e97s
1481986
1481985
2026-07-25T13:59:29Z
Шухрат Саъдиев
5132
/* Аксҳо */

3ircj0rmitfp9k61xd9i5mkhcolxjso
1481988
1481986
2026-07-25T14:04:13Z
Шухрат Саъдиев
5132
илова
1481988
wikitext
text/x-wiki
{{Давлати таърихӣ}}
'''Берлини Шарқӣ''' ( олмонӣ: Ost-Berlin ; талафуз: [ˈɔstbɛʁˌliːn] (гӯш кардан (итт.)) ) — қисми шаҳри [[Берлин]], ки пас аз [[Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ]] ба бахши Шӯравӣ афтод. Берлини Шарқӣ аз [[7 октябр|7 октябри]] [[соли 1949]] то [[3 октябр|3 октябри]] [[соли 1990]] пойтахти де-фактои Олмони Шарқӣ буд. Аз [[13 август|13 августи]] [[соли 1961]] то [[9 ноябр|9 ноябри]] [[соли 1989]], қисми шарқии шаҳр аз қисмати ғарбии он бо девори Берлин ҷудо карда шуда буд. Иттифоқчиёни Ғарб Берлини Шарқиро ҳамчун пойтахти [[Ҷумҳурии Демократии Олмон]] ва инчунин салоҳияти [[Ҷумҳурии Демократии Олмон]]-ро барои идораи Берлини Шарқӣ эътироф накарданд. Дар аксари давраи мавҷудияти маъмурии худ, Берлини Шарқӣ расман ҳамчун Берлин, пойтахти ҶДО (олмонӣ: Berlin, Hauptstadt der DDR ) аз тарафи хукумати Олмони Шарқӣ эътироф шуда буд. [[3 октябр|3 октябри]] [[соли 1990]] [[Олмон|Ҷумҳурии Федеративии Олмон]] ва [[Ҷумҳурии Демократии Олмон]] муттаҳид шуданд. Ин рӯз рӯзи расман хотима ёфтани мавҷудияти Берлини Шарқӣ ҳисобида мешавад.
== Сохтори маъмурӣ ==
[[Акс:Germany divided Berlin East district names.png|thumb|right|280px|берлини Шарқӣ]]
Берлини Шарқӣ аз 11 ноҳия иборат буд (нигаред ба расм):
Митте ( олмонӣ: Mitte )
* Пренцлауэр Берг ( олмонӣ: Prenzlauer Berg )
* Фридрихшайн ( олмонӣ: Friedrichshain )
* Панков ( олмонӣ: Pankow )
* Вайсензе ( олмонӣ: Weissensee )
* Хоэншвангаузен ( олмонӣ: Hohenschönhausen (аз соли 1985)
* Лихтенберг ( олмонӣ: Lichtenberg )
* Марзан ( олмонӣ: Marzahn )
* Геллерсдорф ( олмонӣ: Hellersdorf )
* Трептов ( олмонӣ: Treptow )
* Көпеник ( олмонӣ: Köpenick )
Маркази пойтахти қисман эътирофшудаи [[Ҷумҳурии Демократии Олмон]] кӯчаи асосии Александрплатс (Alexanderplatz, "Alex") буд. — Унтер-ден-Линден ( олмонӣ: Unter den Linden ). Дар ғарб, ин кӯча ба дарвозаи Бранденбург пайваст буд, ки аз паси он Берлини Ғарбӣ оғоз мешуд, ки се минтақаи ишғолии пас аз ҷангро муттаҳид мекард — [[ИМА|Амрикоӣ]], [[Бритониё]]ӣ ва [[Фаронса]]вӣ .
== Аксҳо ==
<gallery>
Image:Karl-Marx-Allee Block C Nord Berlin April 2006 060.jpg|Хонаҳо дар хиёбони Карл Маркс
Image:Lenindecoration.JPG|Лавҳаи ёдгории Ленин
Image:Cafe Moskau.JPG|Кафе «Москва»
Image:Weberwiese Berlin April 2006 147.jpg|Аввалин биноҳои истиқоматии бисёрошёна пас аз ҷанг сохта шуданд
Image:VolksbühBerlJan08.JPG|Театр
Image:Berlin_Wilhelmstrasse.jpg|Биноҳои истиқоматӣ
Image:Strausberger Platz Berlin April 2006 117.jpg|Бинои услуби конструктивистӣ
</gallery>
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
[[Гурӯҳ:Олмони Шарқӣ]]
[[Гурӯҳ:Ҷанги Сард]]
[[Гурӯҳ:Олмон дар асри XX]]
[[Гурӯҳ:Олмон]]
[[Гурӯҳ:Подшоҳиҳои гузашта дар Аврупо]]
nfmg2vv4af2giajnsoa1xc87m54pkaz
Иншоот
0
332929
1481989
2026-07-25T14:54:07Z
Шухрат Саъдиев
5132
Бо тарҷумаи саҳифаи "[[:uk:Special:Redirect/revision/48212564|Споруда]]" сохта шудааст
1481989
wikitext
text/x-wiki
<templatestyles src="Module:Message box/ambox.css"></templatestyles> <templatestyles src="Модуль:Картка/styles.css"></templatestyles>
[[Акс:Адміністративна_споруда_-_Чернівці,_вул._Головна,_24_DSC_8781.JPG|чап|мини|Иншооти маъмурӣ, Черновитси]]
'''Иншоот''' — сохтори сунъии ғайриҳаракаткунанда ( иншоот, инчунин [[бино]] ) бо андозаи нисбатан калон.
'''Иншоот''' — системаи биноӣ, ки ба [[замин]] пайваст аст ва аз масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти нимтайёр, таҷҳизот ба иншоот бо роҳи иҷрои корҳои сохтмонӣ ва васлкунӣ сохта мешавад <ref name="DK018">{{Cite web|url=http://dovidnyk.in.ua/directories/dpbs|title=Державний класифікатор будівель та споруд, ДК 018—2000, Гармонізовано з CC, ДНДІАСБ Держбуду|accessdate=31 жовтня 2012|archiveurl=https://web.archive.org/web/20121102141213/http://dovidnyk.in.ua/directories/dpbs|archivedate=2 листопада 2012}}</ref> .
Иншоотҳои муҳандисӣ метавонанд дастгирӣ ва иҳотакунанда бошанд (аксари иншоотҳо ҳамзамон ҳарду вазифаро иҷро мекунанд):
== Омезиши ибораҳо ==
* Иншооти меъморӣ
* Сохтори гидравликӣ, масалан, сарбанд
* Сохтори дифоӣ, ба монанди қуттии ҳабҳо
* [[Ниёишгоҳ|Бинои машҳур]]
* [[Майдони варзишӣ|Иншооти варзишӣ]]
== Пайванд ==
# Меъмории сохторҳои ҳаҷмӣ:[[Акс:Церква,_Острог.jpg|мини| Калисо, Острог]]
* [[Хона|Масканӣ]] ,
* [[Дин]]<nowiki/>ӣ ,
* [[Ҷамоат]]<nowiki/>ӣ,
* [[Саноат (иқтисод)|Саноат]]<nowiki/>ӣ .
2. Тарроҳии ландшафт :
* [[Боғ]] ва [[гулгашт]],
* [[Ёдгорӣ]],
* Ороишӣ .
3. Банақшагирии шаҳрӣ :
* Биноҳои нав,
* Барқарорсозии биноҳои қадимӣ.
== Намудҳо ==
Сохторҳоро мувофиқи хусусиятҳои зерин тасниф кардан мумкин аст <ref>{{Книга|автор=Шишман Б. А.|заглавие=Статика сооружений: Учеб. для техникумов|издательство=Стройиздат|год=1989|страниц=384|isbn=5-274-00618-3}}</ref> :
1. Вобаста аз ҷойгиршавии меҳварҳои унсурҳо ва борҳо:
* ''сохторҳои ҳамвор'', ки меҳварҳои унсурҳои онҳо ва борҳо дар як сатҳ ҷойгиранд;
* ''сохторҳои фазоӣ'', ки меҳварҳои унсурҳои онҳо дар сатҳҳои гуногун ҷойгиранд ё вақте ки борҳо дар сатҳҳои сохтор амал намекунанд.
2. Аз рӯи намуди унсурҳое, ки сохторҳоро ташкил медиҳанд:
* ''сохторҳои асосӣ'' — сохторҳое, ки аз чӯбҳо иборатанд, яъне унсурҳое, ки ду андозаи онҳо аз андозаи сеюм хеле хурдтар аст. Сохторҳои асосӣ [[Болор|чӯбҳо]], фермаҳо, чорчӯбаҳо ва аркҳоро дар бар мегиранд;
* ''сохторҳои тунукдевордор'' — сохторҳое, ки аз унсурҳое иборатанд, ки ғафсии онҳо нисбат ба дигар андозаҳо хеле хурдтар аст. Сохторе, ки аз чунин унсурҳо иборат аст, агар он аз плитаҳо, яъне унсурҳое, ки бо сатҳҳои ҳамвор маҳдуданд, иборат бошад, ''сохтори'' плитаӣ ё агар он аз пӯстҳо иборат бошад, ''сохтори пӯстӣ'' номида мешавад.— унсурҳое, ки бо сатҳҳои каҷ маҳдуд шудаанд;
* ''биноҳои бузург'' — иншооте, ки дар онҳо ҳар се андоза тақрибан якхелаанд, ба монанди деворҳои нигоҳдоранда, аркҳои сангӣ, сарбандҳо, таҳкурсӣ.
3. Вобаста аз самти аксуламалҳои такягоҳҳои сохторҳо, инҳо фарқ карда мешаванд:
* асос
4) имконпазирии иқтисодӣ, ки хароҷоти оптималии меҳнат, захираҳо ва вақтро барои сохтмони он барои як намуди бино пешбинӣ мекунад. Дар ин ҳолат, дар баробари хароҷоти яквақтаи сохтмон, инчунин хароҷоти марбут ба истифодаи биноро ба назар гирифтан лозим аст.
* Сохтори заминӣ, ки зиёда аз 50 % аст, ''гумшуда'' (вайроншуда) ҳисобида мешавад. аз ҳаҷми сатҳии он нобудшуда (вайроншуда, гумшуда). Агар объекти меъморӣ дар сурати ҳифз шуданаш мақоми ёдгории меъмории дорои аҳамияти миллӣ дошта бошад , он гоҳ муҳим ҳисобида мешавад.
== Параметрҳо ==
== Таснифи биноҳо ва иншоот ва талабот ба онҳо ==
Унсурҳои сохтории бино — қисмҳои сохторе, ки якпорчагии он ва шароити зарурии техникиро барои фаъолият таъмин мекунанд.
Унсурҳои сохтории бинои истиқоматӣ:
* ''Сохторҳои дастгирикунанда'' бори унсурҳои сохтории дар боло бударо мегиранд;
* ''Сохторҳои иҳотакунанда'' биноҳои хонаро аз таъсири муҳити зист муҳофизат мекунанд ё онҳоро аз якдигар ҷудо мекунанд.
Биноҳо қисматҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ доранд. Қисми зеризаминии биноро деворҳои таҳхона ва таҳхона ташкил медиҳанд, қисми болоии онро деворҳои беруна, шифтҳои байниошёнаҳо, зинапояҳо [[Бом|ва бом]] ташкил медиҳанд.
[[Акс:Вид_на_кам'яний_міст_у_Ворохті.JPG|мини| Пул, Ворохта]]
Дар амалияи сохтмонӣ, байни мафҳумҳои [[Бино|"бино"]] ва "иншоот" фарқ гузошта мешавад. Иншоот одатан ҳамчун ''ҳама чизе, ки аз ҷониби инсон барои қонеъ кардани ниёзҳои моддӣ ва маънавии [[ҷомеъа]] ба таври сунъӣ сохта шудааст,'' муайян карда мешавад.
* [http://dovidnyk.in.ua/directories/npb Номгӯи истинодии маҳсулоти сохтмонӣ] {{Бойгонишуда|url=https://web.archive.org/web/20121102141141/http://dovidnyk.in.ua/directories/npb|date=2 листопада 2012}}
* ошёнаи таҳхона
* [[Девор|деворҳо]] (берунӣ, дохилӣ)
* байни [[Қабат|ошёнаҳо]]
* бахшҳо
* фарши болохона
* [[бом]]
* [[Зина|зинапоя]]
* [[Тиреза|тирезаҳо]]
* [[дар]]
* Муқовимат ба [[оташ]]
* Қувват
== Таснифот ==
Имконияти техникии бино аз рӯи тарҳи сохтории он муайян карда мешавад, ки бояд ҳамаи таъсироти берунаро, ки бино дар маҷмӯъ ва унсурҳои алоҳидаи он дарк мекунанд, ба назар гирад. Ин таъсирҳо ба қувва ва ғайриқувва (таъсири экологӣ) тақсим мешаванд. Борҳои қувва иборатанд аз: борҳо аз [[Масса|массаи]] худии унсурҳои бино (борҳои доимӣ), массаи таҷҳизот, одамон, барф, борҳо аз таъсири шамол (муваққатӣ) ва борҳои махсус (борҳои зилзила, таъсирҳо аз садамаҳои таҷҳизот ва ғайра). Таъсири ғайриқувва инҳоянд: таъсири ҳарорат (ки боиси тағйирёбии андозаҳои хаттии сохторҳо мегардад), таъсири нами атмосфера ва хок (ки боиси тағйирёбии хосиятҳои маводи сохтмонӣ мегардад), ҳаракати ҳаво (тағйир додани микроиқлим дар ҳуҷра), таъсири энергияи нури офтоб (ки боиси тағйирёбии хосиятҳои физикӣ ва техникии маводи сохтмонӣ мегардад), таъсири ифлосҳои кимиёвии хашмгин, ки дар ҳаво мавҷуданд (метавонад боиси вайроншавии сохторҳо гардад), таъсири биологӣ (ки аз ҷониби микроорганизмҳо ё ҳашарот ба вуҷуд омадаанд, ки боиси вайроншавии сохторҳо мешаванд), таъсири садо аз манбаъҳо дар дохил ё беруни бино, ки режими муқаррарии акустикии ҳуҷраро халалдор мекунад. Бо назардошти ин таъсирҳо, хона бояд ба талаботи қувват, устуворӣ ва пойдорӣ ҷавобгӯ бошад.
Қувваи [[бино]] қобилияти он барои фурӯ бурдани таъсирҳо бидуни вайроншавӣ ё деформатсияҳои назарраси боқимонда мебошад.
1) имконпазирии функсионалӣ, яъне бино бояд пурра ба раванде, ки барои он пешбинӣ шудааст (қулайии зиндагӣ, кор, истироҳат ва ғайра) мувофиқат кунад;
2) имконпазирии техникӣ, яъне хона бояд одамонро аз таъсири беруна (ҳарорати паст ё баланд, [[Бориш|боришот]], [[шамол]]) боэътимод муҳофизат кунад, мустаҳкам ва устувор бошад, яъне ба борҳои гуногун тоб оварад ва пойдор бошад, яъне дар тӯли вақт сифати муқаррарии кориро нигоҳ дорад;
3) ифодаи [[меъморӣ]] ва бадеӣ, яъне хона бояд аз ҷиҳати намуди зоҳирӣ ( [[Экстерйер|берунӣ]] ) ва дохилӣ ( дохилӣ ) ҷолиб бошад ва ба [[Равоншиносӣ|ҳолати равонӣ]] ва шуури одамон таъсири мусбат расонад;
Устувории (мустаҳкамии) хона қобилияти нигоҳ доштани мувозинат дар зери таъсири беруна мебошад.
Устуворӣ маънои мустаҳкамӣ, устуворӣ ва истодагарии ҳам хона дар маҷмӯъ ва ҳам унсурҳои онро дар тӯли замон дорад.
Барои тарҳрезии дурусти [[бино]], ба назар гирифтани ҳамаи талаботе, ки сифати муҳити зистро муайян мекунанд, зарур аст. Ин талабот барои ҳар як намуди бино ва биноҳои он аз ҷониби Стандартҳои сохтмонии давлатӣ (DBN) муқаррар карда мешаванд. — ҳуҷҷати асосии давлатӣ, ки тарҳрезӣ ва сохтмони биноҳо ва иншоотро дар Украина танзим мекунад.
Хусусиятҳои [[меъморӣ]] ва бадеии [[хона]] аз рӯи нишонаҳои эстетика муайян карда мешаванд. [[Хона]] бояд аз ҷиҳати функсионалӣ ва техникӣ қулай бошад. Сифатҳои эстетикии хона ё маҷмӯаи хонаҳо ба сатҳи тасвирҳои меъморӣ ва бадеӣ, яъне сатҳи санъате нисбат дода мешаванд, ки тавассути воситаҳои меъморӣ як идеяи муайянеро инъикос мекунад, ки ба шуури одамон таъсири фаъол мерасонад. Барои ноил шудан ба сифатҳои зарурии меъморӣ ва бадеӣ, [[Композитсия|таркиб]], миқёс, равшанӣ ва ғайра истифода мешаванд.
Талаботи муҳими техникӣ барои биноҳо бехатарии сӯхтор аст: рӯйхати чораҳое, ки эҳтимолияти [[сӯхтор]] ва аз ин рӯ, сӯхтани сохторҳои [[бино]]<nowiki/>ро кам мекунанд. Мавод ва сохторҳои дар сохтмон истифодашаванда ба ду тақсим мешаванд: оташгиранда, оташгиранда ва оташгиранда . Сохторҳои биноӣ инчунин бо ҳадди муқовимат ба оташ, яъне муқовимат ба таъсири оташ (бо соат) то аз даст додани қувват ё устуворӣ, ё пайдоиши тарқишҳо ё баланд шудани ҳарорат дар сатҳи сохтор дар тарафи муқобили оташ, то 140°C (ба ҳисоби миёна) тавсиф мешаванд. Аз ҷиҳати муқовимат ба оташ, биноҳо вобаста ба дараҷаи [[оташ]] ва ҳадди муқовимат ба оташи иншоот ба панҷ сатҳ тақсим мешаванд. Баландтарин муқовимат ба [[оташ]] аз ҷониби биноҳои дараҷаи якум, пасттарин таъмин карда мешавад — Дараҷаи V. Биноҳои дараҷаҳои I, II ва III-и муқовимат ба оташ хонаҳои сангӣ ва IV-ро дар бар мегиранд. — чӯбӣ бо гаҷ, то V — чӯбӣ, бе гаҷ. Дар биноҳои дорои сатҳи I ва II муқовимат ба оташ, деворҳо, такягоҳҳо, фаршҳо ва деворҳо ғайрисӯзишворӣ мебошанд. Дар биноҳои дараҷаи III-и муқовимат ба оташ, деворҳо ва такягоҳҳо оташгиранда нестанд ва шифтҳо ва деворҳо оташгиранда мебошанд. Хонаҳои чӯбии дараҷаи IV ва V муқовимат ба оташ мувофиқи талаботи бехатарии оташнишонӣ набояд аз ду [[Қабат|ошёна]] зиёд бошанд.
Ҳангоми ҳалли талаботи иқтисодӣ, бо назардошти ниёзҳои воқеии одамон, андоза ва шакли биноро оқилона қабул кардан лозим аст. Ҳамин тариқ, бо ҳалли мушкилоти манзил дар Украина, сатҳи фазои зиндагӣ барои як нафар афзоиш меёбад, манзилҳо аз ҷиҳати тарҳбандӣ қулайтар мешаванд, [[Масоҳат|майдони]] калони ёрирасон ва таҷҳизоти дарунсохт доранд.
Имконияти иқтисодӣ дар ҳалли масъалаҳои техникӣ таъмини мустаҳкамӣ ва устувории бино ва пойдории онро дар бар мегирад. Илова бар ин, зарур аст, ки арзиши 1 м. кв. мураббаъ ё 1 м. мукааб ҳаҷми хона аз ҳадди муқарраршуда зиёд набуд. Кам кардани арзиши манзилҳоро метавон тавассути банақшагирии оқилона ва пешгирӣ аз изофакорӣ ҳангоми муайян кардани масоҳат ва ҳаҷми биноҳо, инчунин ороиши дохилӣ ва берунӣ; интихоби сохторҳои беҳтарин бо назардошти намуди хона ва шароити кори он; истифодаи усулҳо ва усулҳои муосир барои иҷрои корҳои сохтмонӣ бо назардошти дастовардҳои илм ва технологияи сохтмонӣ ба даст овард. Барои интихоби роҳҳои ҳалли аз ҷиҳати иқтисодӣ мувофиқ, Кодекси сохтмонии давлатӣ тақсимоти биноҳоро аз рӯи сармоя ба чор синф, вобаста ба мақсад ва аҳамияти онҳо, муқаррар кардааст. Масалан, хонаро метавон ҳамчун синфи аввал тасниф кард, агар он инчунин дараҷаи муқовимат ба оташ ва устуворӣ дошта бошад, аз масолеҳи синфи аввал сохта шуда бошад, сохторҳо ҳошияи кофии бехатарӣ дошта бошанд, агар биноҳои он ҳама намуди беҳбудиҳое дошта бошанд, ки ба ҳадафи он мувофиқанд ва сифати анҷомёбӣ беҳтар карда шавад. <ref>{{Cite web|url=https://scanbe.io/properties|title=Реєстр нерухомого майна|website=Scanbe.io|lang=ua|accessdate=2024-12-30}}</ref> Биноҳо вобаста ба таъиноташон одатан ба биноҳои шаҳрвандӣ, саноатӣ ва кишоварзӣ тақсим мешаванд.
'''Иншооти муҳандисӣ''' ин системаҳои сохтмонии ҳаҷмӣ, ҳамвор е хаттии заминӣ, заминӣ е зеризаминӣ мебошанд, ки аз сохторҳои такягоҳӣ ва дар баъзе ҳолатҳо муҳофизатӣ иборатанд, ки барои иҷрои равандҳои истеҳсолии намудҳои гуногун пешбинӣ шудаанд: ҷойгиркунии таҷҳизот, мавод ва маҳсулот, барои будубоши муваққатӣ ва ҳаракати одамон, воситаҳои нақлиет, борҳо, интиқоли маҳсулоти моеъ ва газӣ (дамбаҳо, нақбҳо, эстакадаҳо, [[пул]]<nowiki/>ҳо ва ғ.)
* ВА — мӯҳлати хизмати зиёда аз 100 сол;
* II — аз 50 то 100 сол;
* III — аз 20 то 50 сола;
* IV — аз 5 то 20 сол.
Талаботи муҳими техникӣ барои биноҳо бехатарии сӯхтор аст: рӯйхати чораҳое, ки эҳтимолияти [[сӯхтор]] ва аз ин рӯ, сӯхтани сохторҳои биноро кам мекунанд. Мавод ва сохторҳои дар сохтмон истифодашаванда ба ду тақсим мешаванд: оташгиранда, оташгиранда ва оташгиранда . Сохторҳои биноӣ инчунин бо ҳадди муқовимат ба оташ, яъне муқовимат ба таъсири оташ (бо соат) то аз даст додани қувват ё устуворӣ, ё пайдоиши тарқишҳо ё баланд шудани ҳарорат дар сатҳи сохтор дар тарафи муқобили оташ, то 140°C (ба ҳисоби миёна) тавсиф мешаванд. Аз ҷиҳати муқовимат ба оташ, биноҳо вобаста ба дараҷаи оташ ва ҳадди муқовимат ба оташи иншоот ба панҷ сатҳ тақсим мешаванд. Баландтарин муқовимат ба оташ аз ҷониби биноҳои дараҷаи якум, пасттарин таъмин карда мешавад — Дараҷаи V. Биноҳои дараҷаҳои I, II ва III-и муқовимат ба оташ хонаҳои сангӣ ва IV-ро дар бар мегиранд. — чӯбӣ бо гаҷ, то V — чӯбӣ, бе гаҷ. Дар биноҳои дорои сатҳи I ва II муқовимат ба оташ, деворҳо, такягоҳҳо, фаршҳо ва деворҳо ғайрисӯзишворӣ мебошанд. Дар биноҳои дараҷаи III-и муқовимат ба оташ, деворҳо ва такягоҳҳо оташгиранда нестанд ва шифтҳо ва деворҳо оташгиранда мебошанд. Хонаҳои чӯбии дараҷаи IV ва V муқовимат ба оташ мувофиқи талаботи бехатарии оташнишонӣ набояд аз ду [[Қабат|ошёна]] зиёд бошанд.
Хусусиятҳои меъморӣ ва бадеии хона аз рӯи нишонаҳои эстетика муайян карда мешаванд. Хона бояд аз ҷиҳати функсионалӣ ва техникӣ қулай бошад. Сифатҳои эстетикии хона ё маҷмӯаи хонаҳо ба сатҳи тасвирҳои меъморӣ ва бадеӣ, яъне сатҳи санъате нисбат дода мешаванд, ки тавассути воситаҳои меъморӣ як идеяи муайянеро инъикос мекунад, ки ба шуури одамон таъсири фаъол мерасонад. Барои ноил шудан ба сифатҳои зарурии меъморӣ ва бадеӣ, [[Композитсия|таркиб]], миқёс, равшанӣ ва ғайра истифода мешаванд.
Ҳангоми ҳалли талаботи иқтисодӣ, бо назардошти ниёзҳои воқеии одамон, андоза ва шакли биноро оқилона қабул кардан лозим аст. Ҳамин тариқ, бо ҳалли мушкилоти манзил дар Украина, [[Норма житлової площі|сатҳи фазои зиндагӣ]] барои як нафар афзоиш меёбад, манзилҳо аз ҷиҳати тарҳбандӣ қулайтар мешаванд, [[Масоҳат|майдони]] калони ёрирасон ва таҷҳизоти дарунсохт доранд.

== Нигаред инчунин ==
* Таҳлили сохторӣ
* Динамикаи сохтмон
* Сохторҳои муҳандисӣ
* Қадимтарин биноҳо дар сайёра
== Эзоҳ ==
<templatestyles src="Reflist/styles.css" />{{Эзоҳ}}
== Манбаъҳо ==
* Таснифгари давлатии биноҳо ва иншоот DK 018, соли 2000, ки бо фармони Стандарти давлатии Украина аз 17.08.2000 № 0 тасдиқ шудааст. 507.
* Девони Вазирони Украина. Қарор дар бораи тасдиқи Стандарти миллии №2 "Арзёбии амволи ғайриманқул" (Стандарти миллии №2, банди 2) аз 28 октябри соли 2004 дарё № 1442 м. Киев
* Вечерский В. В. [https://vue.gov.ua/Споруда Сохтор] {{Бойгонишуда|url=https://web.archive.org/web/20220322165850/https://vue.gov.ua/Споруда|date=22 березня 2022}} // Энсиклопедияи бузурги украинӣ, нусхаи электронӣ (санаи дастрасӣ: 29.06.2021).

[[Гурӯҳ:Объектҳои сунъӣ]]
[[Гурӯҳ:Биноҳо ва иншоот]]
[[Гурӯҳ:Википедия:Пайванди мустақими мақола ба Викианбор]]
[[Гурӯҳ:Pages with unreviewed translations]]
7dooxkq4gktne2zuet8t44araaylo5i
1481990
1481989
2026-07-25T14:55:54Z
Шухрат Саъдиев
5132
таҳрир

{{Эзоҳ}}

2q3e8imba6dh4qj0ob43rhohewtgqzt
1481993
1481990
2026-07-25T15:30:47Z
Шухрат Саъдиев
5132
иловаи [[Гурӯҳ:Унсурҳои сохтмон]] бо ёрии [[Википедиа:HotCat|HotCat]]

ew0yukl5znpyaaphx839dnvpojw12yz
Таҳкурсӣ (муҳандисӣ)
0
332930
1481995
2026-07-25T16:29:39Z
Шухрат Саъдиев
5132
Бо тарҷумаи саҳифаи "[[:uk:Special:Redirect/revision/43782714|Фундамент]]" сохта шудааст
1481995
wikitext
text/x-wiki
[[Акс:FunderingStaal.png|рост|100x100пкс]]
'''Таҳкурсӣ''' (аз {{Lang-la|fundamentum}} ) —,'''пойдевор''', '''таҳкурсиҳо''' ё '''бунёдҳо''' — таҳкурсии [[бино]], [[иншоот]], ки аз [[санг]], [[хишт]], [[бетон]] ва ғайра сохта шудааст , ки асосан зеризаминӣ аст, ки борҳоро аз бино фурӯ бурда, онҳоро ба таҳкурсие, ки аз хокҳо (табиӣ) ё сунъӣ иборат аст, интиқол медиҳад . '''Таҳкурсиҳо''' пайвастаанд — дар атрофи ҳамаи [[Девор|деворҳо]] ё фосилавӣ — дар шакли сутунҳои алоҳида ва бунёдҳои [[Оҳан|оҳану]] [[бетон]]<nowiki/>ӣ, ки фосилаҳои байни онҳо бо [[хок]] пур карда шудаанд.
Таҳкурсӣ сохтори зеризаминӣ аст, ки мустақиман [[Асоси иншоот|бо асоси иншоот]] тамос мегирад ва борро аз бино (сохтмон) ба он интиқол медиҳад. Чуқурии таҳкурсӣ бояд ба умқи қабати [[хок]], ки ҳамчун асоси табиӣ гирифта шудааст, мувофиқат кунад. Маводҳои маъмултарин барои таҳкурсӣ санги майда, бетони майда, бетони махсус ва оҳану бетон мебошанд. Мувофиқи роҳи ҳалли [[Тарроҳ|тарроҳӣ]], таҳкурсӣ ба [[Сутун|сутуншакл]], [[Тасма|тасмашакл]], яклухт ва сутуншакл тақсим мешавад.
== Тадқиқоти муҳандисӣ ва геологӣ ==
Пеш аз оғози [[кор]] оид ба сохтани таҳкурсӣ, онҳо мефаҳманд: [[хона]] дар кадом [[хок]] хоҳад буд, чуқурии яхбандии [[хок]] дар минтақаи сохтмон, сатҳи обҳои зеризаминӣ ва арзиши таҳкурсӣ. Ин кор гузаронидани таҳқиқоти геологии қитъаро талаб мекунад. Яъне, барои муайян кардани сохтори геологии замин, устувории хокҳо дар маконе, ки сохтмон ба нақша гирифта шудааст. Маълумоти бадастовардашуда ба шумо имкон медиҳад, ки чуқурии таҳкурсӣ ва миқдори фишори иҷозатдодашудаи хокро муайян кунед, устувории сохтори оянда, миқдори боришоти пешбинишуда ва ғайраро пешгӯӣ кунед. Беэътиноӣ ба геологҳо ё истифодаи маълумот аз тадқиқоти геологии минтақаҳои ҳамсоя номатлуб аст. Кафолате нест, ки ин қитъа хокҳои якхела бо қитъаи ҳамсоя дошта бошанд. Агар релефи мураккаб, дарёҳои зеризаминӣ мавҷуд бошад, сохтмони хона маблағҳои бузургеро барои тадбирҳои тақвият талаб мекунад, ки дар ниҳоят барои муштарӣ гарон хоҳад буд. Аз ин рӯ, барои сохтмони босифати [[хона]], гузаронидани тадқиқоти геологии макон зарур аст. Танҳо пас аз ин шумо метавонед интихоби таҳкурсӣ ва кор кардан бо ҳуҷҷатҳои тарроҳиро оғоз кунед.
== Намудҳои асосии таҳкурсиҳо ==
[[Файл:Фундаменти.png|мини|450x450пкс| Сохторҳои таҳкурсӣ таҳти таъсири сейсмикӣ: а — нақшаи таҳкурсии тасмашакл; б — нақша ва қисмати таҳкурсии сутуншакл; дар — таҳхонаи хона бо таҳкурсии плитаӣ; 1 — тӯри мустаҳкамкунанда; 2 — чӯбҳои таҳкурсӣ; 3 — плитаи оҳану бетонии монолитӣ]]
Дар тамоми периметри [[девор]]<nowiki/>ҳои [[бино]] (аз ҷумла дар зери ҳамаи деворҳои борбардори дохилии он) шакли буриши якхела дошта бошанд. Онҳо аз бетони тайёри пешакӣ тайёр ва маснуоти оҳану бетонӣ, аз бетони монолитӣ ва оҳану бетонӣ, ё аз омехтаи онҳо сохта мешаванд. — тайёр-монолитӣ. Ва онҳо одатан дар зери биноҳои вазнин сохта мешаванд.
=== Таҳкурсиҳои тасмаӣ ===
Чор намуди таҳкурсиҳо мавҷуданд.
=== Таҳкурсиҳои сутунӣ ===
Онҳо системаи [[Сутун|сутунҳо]] мебошанд, ки дар кунҷҳо ва чорроҳаҳои деворҳо, инчунин дар зери сутунҳои вазнини такягоҳ, [[Чӯб|чӯбҳо]] ва дигар ҷойҳои боркунии мутамарказ ба бино ҷойгиранд. Барои сохтани таҳкурсиҳои сутунӣ аз сутунҳо ва қубурҳои хишт, оҳану бетон, металлӣ ва [[асбест]]-[[семент]] истифода мешаванд. Онҳо дар сохтмони хонаҳои чӯбии сабук бе таҳхона истифода мешаванд.
=== Таҳкурсиҳои сангӣ ===
Таҳкурсиҳои сангӣ дар тамоми майдони хона сохта шудаанд. Онҳо блоки мустаҳками оҳану бетонӣ мебошанд, ки аз [[бетон]]<nowiki/>и [[оҳан]]<nowiki/>у бетонии монолитӣ ё аз сутунҳои оҳану бетонии [[васл]]<nowiki/>шуда бо пайвандҳои сахти думба сохта шудаанд. Таҳкурсии [[санг]]<nowiki/>ӣ дар ҷойҳое истифода мешавад, ки [[хок]]<nowiki/>ҳои заиф доранд.
[[Файл:Пальовий_фундамент.png|мини|450x450пкс| Таҳкурсии пуд бо болишти миёнаравӣ: 1 — блоки таҳкурсӣ; 2 — болишти миёнаравӣ; 3 — сари оҳану бетонӣ; 4 — сутуни оҳану бетонӣ; 5 — поёни чоҳ]]
=== Пойдеворҳои пудраӣ ===
Аз [[Сутун|сутунҳое]] иборат аст, ки ба пойдеворҳои бино ё иншоот ғарқ шудаанд. Мувофиқи усули истеҳсол, сутунҳо ба сутунҳои ронданда, ки дар шакли тайёр дар [[хок]] ғӯтонида мешаванд, сутунҳои винтӣ, ки ба [[хок]] [[винт]] карда мешаванд ва сутунҳои ронданда, ки мустақиман дар хок сохта мешаванд, тақсим мешаванд. Чунин пойдевор дар ҷойҳое истифода мешавад, ки қабати болоии хок наметавонад вазни вазнинро тоб оварад. Барои пойдевори сутунӣ, сутунҳои бетонии оҳану бетонии кӯтоҳмуддати тайёр ё сутунҳои рондашуда истифода мешаванд, ки бо роҳи пур кардани [[чоҳ]]<nowiki/>и пармашуда (пармашуда) дар [[хок]] бо омехтаи бетонӣ сохта мешаванд . <ref>{{Cite web|url=https://unitbud.com/uk-ua/svajnij-fundament-dlya-budinku-tipi-osoblivosti-tehnologiya-vlashtuvannya/|title=Свайний фундамент(пальовий): технологія, переваги та недоліки|author=Волотівський|first=Ігор|website=Unitbud|date=2024-04-03|lang=uk-ua|accessdate=2024-08-21}}</ref>
== Эзоҳ ==
<templatestyles src="Reflist/styles.css" />{{Эзоҳ}}
== Манбаъ ==
* [https://dbn.co.ua/load/normativy/dbn/dbn_v_2_1_10/1-1-0-1828 Кодексҳои сохтмонии давлатии Украина.] [https://dbn.co.ua/load/normativy/dbn/dbn_v_2_1_10/1-1-0-1828 DBN V.2.1-10-2018.] [https://dbn.co.ua/load/normativy/dbn/dbn_v_2_1_10/1-1-0-1828 Асосҳо ва таҳкурсии биноҳо ва иншоот.] [https://dbn.co.ua/load/normativy/dbn/dbn_v_2_1_10/1-1-0-1828 Муқаррароти асосӣ.]
* Геологияи муҳандисӣ (бо асосҳои геотехника): китоби дарсӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ / Гурӯҳи муаллифон: ДАР Г. Суярко, В. М. Величко, О. ДАР Гаврилюк, В. ДАР Сухов, О. ДАР Нижник, В. БО. Билетский, ВА. ДАР Матвеев, О. ВА. Улитский, О. ДАР Чуйенко. ; барои маҷмӯъ таҳрир Профессор В. Г. Суярка. — Харков: Донишгоҳи миллии Харков ба номи В. Н. Каразин, 2019. — 278.
== Пайванд ==
*
== Нигаред инчунин ==
* Изолятсияи сейсмикӣ
* [[Хона]]
* [[Иншоот]]
* Бартараф кардани таҳкурсӣ
* Пиллаҳои винтӣ
{{Архітектурні конструкції}}{{Масолеҳи сохтмонӣ}}{{Пайвандҳои беруна}}
[[Гурӯҳ:Унсурҳои сохтмон]]
0cst39ljj4r2uahykbrwvmsfh9h07of
1481996
1481995
2026-07-25T16:33:41Z
Шухрат Саъдиев
5132
таҳрир
1481996
wikitext
text/x-wiki
[[Акс:FunderingStaal.png|рост|100x100пкс]]
'''Таҳкурсӣ''' (аз {{Lang-la|fundamentum}} ) —,'''пойдевор''', '''таҳкурсиҳо''' ё '''бунёдҳо''' — таҳкурсии [[бино]], [[иншоот]], ки аз [[санг]], [[хишт]], [[бетон]] ва ғайра сохта шудааст , ки асосан зеризаминӣ аст, ки борҳоро аз бино фурӯ бурда, онҳоро ба таҳкурсие, ки аз хокҳо (табиӣ) ё сунъӣ иборат аст, интиқол медиҳад . '''Таҳкурсиҳо''' пайвастаанд — дар атрофи ҳамаи [[Девор|деворҳо]] ё фосилавӣ — дар шакли сутунҳои алоҳида ва бунёдҳои [[Оҳан|оҳану]] [[бетон]]<nowiki/>ӣ, ки фосилаҳои байни онҳо бо [[хок]] пур карда шудаанд.
Таҳкурсӣ сохтори зеризаминӣ аст, ки мустақиман [[Асоси иншоот|бо асоси иншоот]] тамос мегирад ва борро аз бино (сохтмон) ба он интиқол медиҳад. Чуқурии таҳкурсӣ бояд ба умқи қабати [[хок]], ки ҳамчун асоси табиӣ гирифта шудааст, мувофиқат кунад. Маводҳои маъмултарин барои таҳкурсӣ санги майда, бетони майда, бетони махсус ва оҳану бетон мебошанд. Мувофиқи роҳи ҳалли [[Тарроҳ|тарроҳӣ]], таҳкурсӣ ба [[Сутун|сутуншакл]], [[Тасма|тасмашакл]], яклухт ва сутуншакл тақсим мешавад.
== Тадқиқоти муҳандисӣ ва геологӣ ==
Пеш аз оғози [[кор]] оид ба сохтани таҳкурсӣ, онҳо мефаҳманд: [[хона]] дар кадом [[хок]] хоҳад буд, чуқурии яхбандии [[хок]] дар минтақаи сохтмон, сатҳи обҳои зеризаминӣ ва арзиши таҳкурсӣ. Ин кор гузаронидани таҳқиқоти геологии қитъаро талаб мекунад. Яъне, барои муайян кардани сохтори геологии замин, устувории хокҳо дар маконе, ки сохтмон ба нақша гирифта шудааст. Маълумоти бадастовардашуда ба шумо имкон медиҳад, ки чуқурии таҳкурсӣ ва миқдори фишори иҷозатдодашудаи хокро муайян кунед, устувории сохтори оянда, миқдори боришоти пешбинишуда ва ғайраро пешгӯӣ кунед. Беэътиноӣ ба геологҳо ё истифодаи маълумот аз тадқиқоти геологии минтақаҳои ҳамсоя номатлуб аст. Кафолате нест, ки ин қитъа хокҳои якхела бо қитъаи ҳамсоя дошта бошанд. Агар релефи мураккаб, дарёҳои зеризаминӣ мавҷуд бошад, сохтмони хона маблағҳои бузургеро барои тадбирҳои тақвият талаб мекунад, ки дар ниҳоят барои муштарӣ гарон хоҳад буд. Аз ин рӯ, барои сохтмони босифати [[хона]], гузаронидани тадқиқоти геологии макон зарур аст. Танҳо пас аз ин шумо метавонед интихоби таҳкурсӣ ва кор кардан бо ҳуҷҷатҳои тарроҳиро оғоз кунед.
== Намудҳои асосии таҳкурсиҳо ==
[[Акс:Фундаменти.png|мини|450x450пкс| Сохторҳои таҳкурсӣ таҳти таъсири сейсмикӣ: а — нақшаи таҳкурсии тасмашакл; б — нақша ва қисмати таҳкурсии сутуншакл; дар — таҳхонаи хона бо таҳкурсии плитаӣ; 1 — тӯри мустаҳкамкунанда; 2 — чӯбҳои таҳкурсӣ; 3 — плитаи оҳану бетонии монолитӣ]]
Дар тамоми периметри [[девор]]<nowiki/>ҳои [[бино]] (аз ҷумла дар зери ҳамаи деворҳои борбардори дохилии он) шакли буриши якхела дошта бошанд. Онҳо аз бетони тайёри пешакӣ тайёр ва маснуоти оҳану бетонӣ, аз бетони монолитӣ ва оҳану бетонӣ, ё аз омехтаи онҳо сохта мешаванд. — тайёр-монолитӣ. Ва онҳо одатан дар зери биноҳои вазнин сохта мешаванд.
=== Таҳкурсиҳои тасмаӣ ===
Чор намуди таҳкурсиҳо мавҷуданд.
=== Таҳкурсиҳои сутунӣ ===
Онҳо системаи [[Сутун|сутунҳо]] мебошанд, ки дар кунҷҳо ва чорроҳаҳои деворҳо, инчунин дар зери сутунҳои вазнини такягоҳ, [[Чӯб|чӯбҳо]] ва дигар ҷойҳои боркунии мутамарказ ба бино ҷойгиранд. Барои сохтани таҳкурсиҳои сутунӣ аз сутунҳо ва қубурҳои хишт, оҳану бетон, металлӣ ва [[асбест]]-[[семент]] истифода мешаванд. Онҳо дар сохтмони хонаҳои чӯбии сабук бе таҳхона истифода мешаванд.
=== Таҳкурсиҳои сангӣ ===
Таҳкурсиҳои сангӣ дар тамоми майдони хона сохта шудаанд. Онҳо блоки мустаҳками оҳану бетонӣ мебошанд, ки аз [[бетон]]<nowiki/>и [[оҳан]]<nowiki/>у бетонии монолитӣ ё аз сутунҳои оҳану бетонии [[васл]]<nowiki/>шуда бо пайвандҳои сахти думба сохта шудаанд. Таҳкурсии [[санг]]<nowiki/>ӣ дар ҷойҳое истифода мешавад, ки [[хок]]<nowiki/>ҳои заиф доранд.
[[Акс:Пальовий_фундамент.png|мини|450x450пкс| Таҳкурсии пуд бо болишти миёнаравӣ: 1 — блоки таҳкурсӣ; 2 — болишти миёнаравӣ; 3 — сари оҳану бетонӣ; 4 — сутуни оҳану бетонӣ; 5 — поёни чоҳ]]
=== Пойдеворҳои пудраӣ ===
Аз [[Сутун|сутунҳое]] иборат аст, ки ба пойдеворҳои бино ё иншоот ғарқ шудаанд. Мувофиқи усули истеҳсол, сутунҳо ба сутунҳои ронданда, ки дар шакли тайёр дар [[хок]] ғӯтонида мешаванд, сутунҳои винтӣ, ки ба [[хок]] [[винт]] карда мешаванд ва сутунҳои ронданда, ки мустақиман дар хок сохта мешаванд, тақсим мешаванд. Чунин пойдевор дар ҷойҳое истифода мешавад, ки қабати болоии хок наметавонад вазни вазнинро тоб оварад. Барои пойдевори сутунӣ, сутунҳои бетонии оҳану бетонии кӯтоҳмуддати тайёр ё сутунҳои рондашуда истифода мешаванд, ки бо роҳи пур кардани [[чоҳ]]<nowiki/>и пармашуда (пармашуда) дар [[хок]] бо омехтаи бетонӣ сохта мешаванд.<ref>{{Cite web|url=https://unitbud.com/uk-ua/svajnij-fundament-dlya-budinku-tipi-osoblivosti-tehnologiya-vlashtuvannya/|title=Свайний фундамент(пальовий): технологія, переваги та недоліки|author=Волотівський|first=Ігор|website=Unitbud|date=2024-04-03|lang=uk-ua|accessdate=2024-08-21}}</ref>
== Эзоҳ ==
{{Эзоҳ}}
== Манбаъ ==
* [https://dbn.co.ua/load/normativy/dbn/dbn_v_2_1_10/1-1-0-1828 Кодексҳои сохтмонии давлатии Украина.] [https://dbn.co.ua/load/normativy/dbn/dbn_v_2_1_10/1-1-0-1828 DBN V.2.1-10-2018.] [https://dbn.co.ua/load/normativy/dbn/dbn_v_2_1_10/1-1-0-1828 Асосҳо ва таҳкурсии биноҳо ва иншоот.] [https://dbn.co.ua/load/normativy/dbn/dbn_v_2_1_10/1-1-0-1828 Муқаррароти асосӣ.]
* Геологияи муҳандисӣ (бо асосҳои геотехника): китоби дарсӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ / Гурӯҳи муаллифон: ДАР Г. Суярко, В. М. Величко, О. ДАР Гаврилюк, В. ДАР Сухов, О. ДАР Нижник, В. БО. Билетский, ВА. ДАР Матвеев, О. ВА. Улитский, О. ДАР Чуйенко. ; барои маҷмӯъ таҳрир Профессор В. Г. Суярка. — Харков: Донишгоҳи миллии Харков ба номи В. Н. Каразин, 2019. — 278.
== Нигаред инчунин ==
* Изолятсияи сейсмикӣ
* [[Хона]]
* [[Иншоот]]
* Бартараф кардани таҳкурсӣ
* Пиллаҳои винтӣ
{{Масолеҳи сохтмонӣ}}
{{Пайвандҳои беруна}}
[[Гурӯҳ:Унсурҳои сохтмон]]
qpf788f0ami1p75pwr2lko4s51rwgla
1482002
1481996
2026-07-25T16:40:43Z
Шухрат Саъдиев
5132
Шухрат Саъдиев moved page [[Таҳкурсӣ]] to [[Таҳкурсӣ (муҳандисӣ)]]: ивази ном

1482004
1482002
2026-07-25T16:41:34Z
Шухрат Саъдиев
5132
иловаи [[Гурӯҳ:Муҳандисӣ]] бо ёрии [[Википедиа:HotCat|HotCat]]

[[Гурӯҳ:Муҳандисӣ]]
5e4jkn98piv877yubfqn3118jdtwz1n
1482007
1482004
2026-07-25T17:00:26Z

hcvwgzsfh7fnay09mg58ott7sxvociw
Пойдевор (сохтмон)
0
332931
1481997
2026-07-25T16:35:03Z
Шухрат Саъдиев
5132
равона
1481997
wikitext
text/x-wiki
#равона [[Таҳкурсӣ]]
e67zdjf4034noxicgef0o70ct9ig29r
1482005
1481997
2026-07-25T16:55:33Z
Шухрат Саъдиев
5132
равона
1482005
wikitext
text/x-wiki
#равона [[Таҳкурсӣ (муҳандисӣ)]]
q8im68vnjmdj2tv2425nwocf4zwyp9w
Фундамент (сохтмон)
0
332932
1482000
2026-07-25T16:38:39Z
Шухрат Саъдиев
5132
равона
1482000
wikitext
text/x-wiki
#равона [[Таҳкурсӣ]]
e67zdjf4034noxicgef0o70ct9ig29r
1482006
1482000
2026-07-25T16:56:34Z
Шухрат Саъдиев
5132
равона
1482006
wikitext
text/x-wiki
#равона [[Таҳкурсӣ (муҳандисӣ)]]
q8im68vnjmdj2tv2425nwocf4zwyp9w
Таҳкурсӣ
0
332933
1482003
2026-07-25T16:40:43Z
Шухрат Саъдиев
5132
Шухрат Саъдиев moved page [[Таҳкурсӣ]] to [[Таҳкурсӣ (муҳандисӣ)]]: ивази ном
1482003
wikitext
text/x-wiki
#равона [[Таҳкурсӣ (муҳандисӣ)]]
q8im68vnjmdj2tv2425nwocf4zwyp9w
Ян Диоманде
0
332934
1482013
2026-07-25T19:54:07Z
Yoonoos.tj
27005
Саҳифаи нав: {{Футболбоз |ном = Ян Диоманде |ҷинс = м |номи пурра = Ян Диоманде<br>({{lang-fr|Yan Diomande}}) |лақаб = |тасвир = |бар = |тавсифи тасвир = |таърихи таваллуд = 14.11.2006 |зодгоҳ = {{зодгоҳ|Абиҷон}}, [[Кот-д’Ивуар]] |шаҳрвандӣ = {{Парчами Кот-д’Ивуар|20px}} [[Кот-д’Ивуар]] |қ...
1482013
wikitext
text/x-wiki
{{Футболбоз
|ном = Ян Диоманде
|ҷинс = м
|номи пурра = Ян Диоманде<br>({{lang-fr|Yan Diomande}})
|лақаб =
|тасвир =
|бар =
|тавсифи тасвир =
|таърихи таваллуд = 14.11.2006
|зодгоҳ = {{зодгоҳ|Абиҷон}}, [[Кот-д’Ивуар]]
|шаҳрвандӣ = {{Парчами Кот-д’Ивуар|20px}} [[Кот-д’Ивуар]]
|қад = 181<ref name="rbleipzig.com">[https://rbleipzig.com/de/teams/maenner/yan-diomande Yan Diomande | Offizielle Webseite | RB Leipzig]</ref>
|вазн = 76<ref name="rbleipzig.com"/>
|мавқеъ = [[Ҳамлагар (футбол)|вингер]]
|бошгоҳи кунунӣ = {{Парчами Олмон|20px}} «[[РБ Лайпсиг]]»
|шумора = 49
|бошгоҳҳои ҷавонон = {{маснад дар футбол
| |{{Парчами Кот-д’Ивуар}} «Интер Фут Сюд Комоэ»|
|2022|{{Парчами ИМА}} «Юли Ҳорнетс»|
|2022–2025|{{Парчами ИМА}} «ДМЭ Академи»|
|2023–2024|{{кироя}} {{Парчами ИМА}} «Френзи»|
}}
|бошгоҳҳо = {{маснад дар футбол
|2025|{{Парчами Испания|20px}} «[[Леганес (бошгоҳи футбол)|Леганес]]»|10 (2)
|2025|{{кироя}} {{Парчами Испания|20px}} «[[Леганес B]]»|3 (0)
|2025–{{Т.ҳ.}}|{{Парчами Олмон|20px}} «[[РБ Лайпсиг]]»|33 (12)}}
|мунтахаби миллӣ = {{маснад дар футбол
|2022|{{Парчами Кот-д’Ивуар}} Кот-д’Ивуар (то 17 сола)|1 (1)
|2025|{{Парчами Кот-д’Ивуар}} Кот-д’Ивуар (то 23 сола)|1 (0)
|2025–{{Т.ҳ.}}|{{Парчами Кот-д’Ивуар}} [[Тими миллии футболи Кот-д’Ивуар|Кот-д’Ивуар]]|11 (3)}}
| медалҳо =
|азнавсозии маълумот дар бораи бошгоҳ =
|азнавсозии маълумот дар бораи мунтахаб =
|викианбор = Yan Diomande
}}
'''Ян Диоманде́''' ({{lang-fr|''Yan Diomande''}}; [[14 ноябр]]и [[2006]], [[Абиҷон]], [[Кот-д’Ивуар]]) — футболбози [[Кот-д’Ивуар|ивуарӣ]], ҳуҷумкунандаи бошгоҳи «[[РБ Лайпсиг]]» ва [[Тими миллии футболи Кот-д’Ивуар|тими миллии Кот-д’Ивуар]].
== Зиндагинома ==
{{васеъкунии фасл}}
== Маснади бошгоҳӣ ==
== Мунтахаби миллӣ ==
== Дастовардҳо ==
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
{{эзоҳ|group=қайд|liststyle=lower-alpha}}
== Пайвандҳо ==
[[Гурӯҳ:Зодагони 14 ноябр]]
[[Гурӯҳ:Зодагони соли 2006]]
[[Гурӯҳ:Ҳуҷумкунандагони футбол]]
[[Гурӯҳ:Футболбозони Кот-д’Ивуар]]
[[Гурӯҳ:Футболбозони тими миллии футболи Кот-д’Ивуар]]
[[Гурӯҳ:Бозигарони БФ «Леганес»]]
[[Гурӯҳ:Бозигарони БФ «Леганес B»]]
[[Гурӯҳ:Бозигарони БФ «РБ Лайпсиг»]]
s93d05g5yh0xnansaxvz61gan6zff4y